Китоби Хиштхона. Нурия
Чу шоир биранчад, бигўяд хичо.
Хичо то ќиёмат бимонад бачо.
Фирдавси
Нурия (Собирова Нурия Абдуќаххоровна) дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт соли 1967 ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхона ба Омўзишгохи педагогии шахри Конибодом дохил шуда, онро бомуваффаќият ба итмом расонидааст.
Нурия мехри беандозае ба адабиёт дорад ва муаллифи чандин ѓазалхои дилписанд мебошад. Инак, ба хонандагони арчманд ѓазали ўро бо номи «Туро харгиз намебахшам» пешниход менамоем.
Туро харгиз намебахшам
Туро харгиз намебахшам, дили ман,
Пас аз ин гуна озору азобат.
Дигарбора намеоям ба сўят,
Фаќат бини маро гохе ба хобат.
Ту бо маѓруриву бо худписанди
Дили поки маро озор доди,
Ту дар айёми хурсанди ба дастам
Ба чои дастаи гул хор доди.
Маранч аз ман барои хаќгумори,
Ту бас бедард, бетамкину дилсард.
Дилат лабрез аз кину адоват,
Зи бедардии ту чон аст пурдард.
Туро харгиз намебахшам, дили ман,
Барои ин хама сахву хатоят.
Маро ѓамноку ѓамгиндил карди,
Ба дигар кас макун чабру чафоят!
Свидетельство о публикации №223012300890
Худо рахмат ва чояшро чаннат кунад!
Абдукаюм Мамаджанов 07.04.2023 15:00 Заявить о нарушении