Китоби Хиштхона. Ашуров Шодмон Фидоматович
Ба шогирдї њар он, к-ў шод гадад,
Бувад рўзе, ки њам устод гардад.
Носири Хисрав
Ашўров Шодмон Фидоматович 3 октябри соли 1991дар дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт дар оилаи муаллимон ба дунё омадааст.
Пас аз мактаби миёнаи №61 ба номи Р.Тошматови дењаи Хиштхона , тибќи квотаи Президентї ба Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи Академик Б.Ѓафуров ба факултаи химия ва биология дохил гардида, онро бомуваффаќият хатм намуд. Азбаски аз солњи мактабхониаш ба адабиёту шеъру шеърият њаваси калон дошту шеър низ менавишт, бас аз хатми факултаи номбурда њуљљатњояшро барои соњиба касби рўзноманигорї шудан ба магистратураи њамин донишгох супурд ва њоло бо баробари кор ба њайси омўзгори фанни биологияи мактаби №2 ба номи Зайниддин Осимии шањри Хуљанд, тањсилашро давом медињад.
Боварї њаст, ки дар оянда аз Шодмон Ашўров рўзноманигори бомањорате ба воя хоњад расид.
Шеъреро аз эљодиёти ин шоири навќалам, вале боистеъдод бо номи «Диёри ман» ба хонандагони гиромї пешнињод намуда, ба муаллифаш комёбињои эчодї орзу менамаем.
«Диёри ман»
Аљаб дорї самое дар бањорон, эй диёри ман,
Шукуфон сабзаву гул дар гулистон, эй диёри ман.
Садои оби соят мебарад аздил ѓаму андўњ,
Њавои беѓубору боди найсон, эй диёри ман.
Ту парвардї дар оѓўшат басо мардони оламгир,
Љавонони баору нангу имон, эй диёри ман.
Ба гўшам мерасад њар дам садои беѓаши кўдак,
Ту њастї мењрубон чун модари љон, эй диёри ман.
Ба осмон сар кашида ќуллаи кўњњои болоят,
Мусаффо оби љўю чашмасорон, эй диёри ман.
Ба њар љое, ки ман бошам, насозам мењрат аз дил дур,
Маро љо карда дар дил мењр Яздон, диёри ман.
Свидетельство о публикации №223012300894