Китоби Хиштхона. Шодиев Кенчабой Ашурович
Макаш чуз ба андешаи худ пой,
Ки хар чавхареро падид аст чой.
Низоми
Шодиев Кенчабой Ашўрович 7 январи соли 1995 дар дехаи Хиштхонаи нохияи Ашт таваллуд шудааст. Падараш – шодравон Шодиев Ашўрмат яке аз омўзгорони барўманди мактаби №13 ба номи Камоли Хучанди, инсони комили хушзавќу шоиртаъб ва донандаи чандин забонхо буду ба шогирдон аз фанни забони инглиси сабаќ меомўхт. Модараш- Шодиева Омина низ шахси бомаърифату инсондўст, босавод ва ба хешовандону хамсоягон ва фарзандон мехрубон аст. Махз ибрати неки волидайн дар дили Кенчабой мехри шеъру шоириро барафрўхтааст ва имрўз аз хомаи ў чакидахои дилкаше пешкаши дўстдорони каломи бадеъ шудаанд.
Умед хаст, ки натичаи саъю кўшиши паёпаи ин хатмкардаи мактаби №61- дехаамон, дорандаи медали биринчии олимпиадаи чумхуриявии соли 2013 ва дипломи дарачаи якўми олимпиадаи чумхуриявии байни донишчўёни макотиби оли, донишчўи мехнатќарини курси 3-и Донишгоњи давлатии хуќуќ,бизнес ва сиёсати Точикистон – Кенчабой Шодиев самархои нек хоханд дод.
Шеъре бо номи «Точикистон» ба хомаи Кенчабой тааллуќ дорад.
Точикистон
Точикистон – давлати озода аст,
Чун бихиште бахри мо истодааст,
Парварида шоирони хушкалом,
Мулки Айни, мулки Турсунзода аст.
Халќи ў мехнатќарину хамнавост,
Дар латофат мехрубону хушсадост,
Сарзаминаш поку зебо, дилрабост,
Парчамаш партавфишону пурчилост.
Точикистон, хизматат аз чон кунам,
Хоки покат сурмаи чашмон кунам,
Шукр гўям, зодаи хоки туям,
Зодаи хоки чу зар поки туям!
Свидетельство о публикации №223012300897
