Китоби Хиштхона. Санъаткорони дехаи Хиштхона

Санъаткорони дењаи Хиштхона
                Ботину зоњири ушшоќ чу гул якранг аст,
                Њар чї бошад ба дили мо, ба забон хоњад буд.
                Сайидо
                Яке пойкўбу дигар чангзан,
                Се дигар хушнавозу андўњшикан.
                Румї


1. Алиматов Њољимати Хиштхонагї
2. Алиматов Аюбљон Махкамбоевич
3. Исоматов Њољибой
4. Ќурбонов Исомат
5. Ќурбонов Тошпўлод
6. Мамадљонов Шамс Неъматљонович
7. Ниёзов Неъмат
8. Ортиќов Фарњодљон Љўрабоевич
9. Паймони Пайрав
10. Њољибоев Бахтиёр Фурќатљонович
11. Шералиев Ѓолиб Абдуѓафурович
12. Шералиев Ѓуфрон Абдуѓафурович
13. Шералиев Лоиќ Абдуѓафурович
14. Шодиев Љовидон Абдулакимович
15. Юлдошев Комилљон Кимсанович
16. Юсуфи Фурќат


То солњои 2000 аз байни сокинони дењаи Хиштхона санъаткорон ва махсусан ононе, ки ин соњаро касб интихоб карда бошанд, ањён-ањён ба чашм мерасиданд. Вале пас аз дар соњаи санъат маълумоти касбї гирифтану амал намудани  Алиматов Њољимату Исоматов Њољибой, Юлдошев Комилљону Алиматов Аюбљон ва дигарон майли љавонон ба интихоби ин касб зиёдтар гардид. Махсусан дар натиљаи маслињату ёрињои беѓаразонаи Алиматов Њољибою шогирдаш Ортиќов Ф.Љ. дар дења якчанд нафар љавонони боѓайрат ансамблњои мусиќї ташкил намуданд ва мардуми дења имкон пайдо карданд, ки барои гузаронидани  тўю маъракањо ва љашнворањояшон бевосита аз хизмати онон истифода баранд.
       Соли 2004 аввалин ансамбл бо номи «Љавонон» (роњбараш – Шералиев Лоиќ), соли 2006 ансамбли дуюм бо номи «Паймон» (роњбараш – Њољибоев Бахтиёр) ва соли 2007 ансамбли «Љовид» (роњбараш – Шодиев Љовидон) ташкил ёфтанд.
     Аъзоёни ин ансамблњо бо баробари дар барномањои худ истифода бурдани мусиќию сурудњои санъаткорони машњур худашон низ ба шеъру сурудњои шоирони классики тољик, инчунин ба шеъру сурудњои шоирони њамдиёрамон аз љумла Шодибек, Абдумўъмин, Ашўралї, Зафар Ањмад, Абдуќаюми Муњаммадљон, Сафар Абдурањимов, Фидомат ва дигарон низ оњанг баста,   истифода мебаранд.

         


Рецензии