Китоби Хиштхона. Алиматов Хочимати Хиштхонаги
Хар ки бошад ќарини ахли хунар,
Зуд ёбад ба хар мурод зафар.
«Калила ва Димна»
Мутриб, овозхон ва охангсоз
Устоди санъат Хочимат Алиматов дуюми январи соли 1945 дар ќишлоќи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт таваллуд шудааст.
Мактаби 7-солаи «Гулистон»-ро соли 1958 ба итмом расонидааст. Дар овони мактабхониаш аз синфи панчум сар карда, хонандагонро ба пахтачини мебурданд. Дар охири рўзи кори пас аз хўроки бегохирузи хонандагон чамъ омада, суруду раќс мекарданд. Хамон ваќт бо чалаку таѓора ду чўбро наѓора карда, Хочимати хурдсол менавохт ва суруд мехонд. Аз хамон давра сар карда, мехри санъаткор шудан дар дили Хочимат Алиматов чўш зада буд. Нихоят соли 1958 ба омўзишгохи мусиќии ба номи Содирхони Хофизи шахри Ленинобод (холо Хучанд) дохил шуда, онро соли 1962 бо дипломи аъло хатм намуд.
Фаъолияти мехнатии худро дар театри хамонваќта А.С.Пушкин (хозира ба номи Камоли Хуљанди) оѓоз намудааст.
Устод Хочимат Алиматов 40 соли мехнати софдилонаи худро дар театри Камоли Хуљанди ба вазифањи мутриб, рохбари ансамбли асбобхои халќи , хормайстер, чонишини директор оид ба хочаги ва иќтисодиёт сарф намудааст. Солхои 1965-1968 хизмати харбиро сарбаландона ичро намуда, ба коргох бозгашт ва фаъолияти кориашро давом дода, ѓоибона дар Институти давлатии педагогии шахри Ленинобод ба номи С.М.Киров (хозира донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Гафуров) тахсил карда сохиби малумоти олии омўзгори шудааст.
Дар давоми фаъолияти мехнатиаш бо устодони санъати точик дар декадахои чумхурихои Иттиходи Шўравї ширкат варзида, ба давлатхои хоричи кишвар ба монанди: Афѓонистон, Покистон, Хиндустон, Шветсария, Полша, Германия, Венгрия, Югославия ва Мугулистон низ сафархои хунари кардааст.
Хизматхои шоёни устод Хочимат Алиматов бо медали «Собиќадори мехнат», нишонхои «Аълочии фарханги СССР», «Аълочии фарханги Чумхурии Точикистон» ва «Аълочии маориф ва илми Чумхурии Точикистон» ќадршиноси карда шудааст.
Давоми 10 соли кори худ дар колечи санъат хамчун омўзгори шўъбаи овозхонии анъанави шогирдони бисёреро тарбия намудааст, ки дар тамоми мактабхои олии санъат ва нохияхои Точикистон кор ва фаъолият мебаранд.
Хамсари устод- Мехриниссо Алиматова дар таваллудхонаи вилояти 45 сол софдилона ва пурсамар фаъолият бурда, холо чун собиќадори мехнат ба нафаќа баромадааст ва давлати пири меронад.
Фарзандонашон: - Сохиба касби модарро омўхтааст, ки шўъбаи момодоягии колечи тибби шахри Хучандро хатм намуда, фаъолияти кории худро дар дехаи Хиштхона давом дода истодааст, - Ѓолибчон хатмкардаи академияи мусиќи буда, айни замон чонишини директори колечи санъати ба номи Содирхон Хофиз мебошад, - Толибчон хатмкардаи Донишгоњи Давлатии Точикистон хуќуќ бизнес ва сиёсат мебошад - Мадина хатмкардаи факултаи рўзноманигории ДДХ ба номи Академик Бобочон Ѓафуров мебошад.
Бо баробари мутриб, овозхон ва охангсоз будан, устод Хочимат Алиматов ба навиштани шеъру сурудхо хам хавас дорад. Суруди дар хаммуаллифи бо устодаш, шоир Неъмат Шариф навистаашро, ки «Точикистониям» ном дорад, пешкаши хонандагон менамоем.
Точикистониям
Дар дилам чои ту, Точикистон
Мехрафзо туи, Точикистон,
Бин, ки хамсояи офтоби,
Боми дунё туи, Точикистон
Наќарот
Точикистониям, товикам ман,
Насли сомониям, точикам ман.
Куллаи кўххоят баланд аст,
Ташнаро рудхоят чу ќанд аст.
Гар ба оби ту ман дида дўзам,
Чехраи босафоят писанд аст.
Наќарот
Точикистониям, точикам ман,
Насли сомониям, точикам ман.
Мустаќил давлати навчавони
Рў ба оянда дилпур равони
Асри нав бар ту бодо муборак,
Човидон хурраму шодмони.
Наќарот
Точикистониям, точикам ман,
Насли сомониям, точикам ман.
Свидетельство о публикации №223012300904