Китоби Хиштхона. Саховатпешагони деха

           САХОВАТПЕШАГОНИ ДЕХАИ ХИШТХОНА

                Зи мушкилоти тариќат инон матоб, эй дил,
                Ки марди рох наяндешад  аз нишебу фароз.
                Хофиз




      Аз даврахои ќадим дар байни мардуми дехаи Хиштхона урфу одат ва анъанахое, ки умуман ба точикон ва махсусан ба чамоатњои точикони дар дехот зиндагикунанда хосанд, аз ќабили хашар ва дигар маъракахои дастчамъона ва  бемузд ичро кардани коре басе маъмул буданд. Махсусан ин усули ёрии беѓаразонаи байни одамон дар сохтани иморат, даравидани ѓалла, шудгори замин, чамъоварии хосил, кандану тоза кардани чўйборхо, таъмири роххо, наслгирї аз чорво ва ќайчикунии пашми он ва ѓайра васеъ истифода бурда мешуд.

       Хашарро шахси алохидае, масалан хангоми пойдевормонї ё хокандоз намудани боми имораташ ташкил намояд, одатан барои хашарчиён маводи хўрока аз тарафи худи хашардор ва бо кўмаки хешу аќрабою хамсоягон таъмин карда мешуд. Агар хашар барои ичро кардани корхои ахамияти умумидошта ташкил шавад, хўрок аз хисоби худи хашарчиён ва ё шахсони алохидаи саховатпеша мухайё мегардид. Гайр аз ин саховатпешагон гурўх-гурўх ва ё дар алохидагї низ таъмини сохтмон ва ё таъмири баъзе чойхои чамъиятї аз ќабили мактаб, чойхона, майдончаи варзишї, масчиду маѓоза ва ѓайраро пурра аз хисоби худ ташкил менамоянд, ки ин шакли саховатпешагї солхои охир махсусан дар байни чавонон бештар ба назар мерасад ва ин боиси тахсин аст.

       Чавонони баору номуси деха аз чавонмардию саховатпешагї ва химматбаландии аљчодони хеш ибрат гирифта, барои ободонии деха хамасола камари химматро махкам баста, муваффаќ гаштаанд, ки имрўз аксарияти махалхои деха сохиби чойхои чамиятианд, кўчахо васеътару хамвортар гаштаанд, мусобиќахои варзишї ба дарачаи баланд ташкили худро меёбанд.

Ин гуфтахо гувохї медиханд, ки аксарияти сокинони деха мохияти аслии одаму одамгариро фахмидаанд ва аз онон нишони одамият хамеша хувайдост ва байтхои безаволи Шайх Саъдї шиорашон гаштааст:


                Чавонмардиву лутф аст одамият,

                Хамин наќши хаюлої мапиндор!

                Хунар бояд, ки сурат метавон кард,

                Ба айвонхо дар аз шангарфу зангор.

                Чу инсонро набошад фазлу эхсон,

                Чї фарќ аз одамї то наќши девор?

                Ба даст овардани дунё хунар нест,

                Якеро гар тавонї дил ба даст ор!



       Харчанд аксари ин чавонмардон чунин амалхои некро на барои риё, балки беѓаразона, холисанлиллох ичро менамоянду хангоми сўхбатхо илтимос мекунанд, ки дар бораи саховату мурувват, мувосату салохат ва мусомихаташон сухан наронем, махз ба хотири он, ки наслхои оянда низ аз ин хислатхо орї набошанду аз ин накўмардон ибрате гиранд, аќаллан зикр намудани номхои ононро дар ин китоб ба маќсад мувофиќ донистем:

 
  Абдулазизов Абдурахим,  Абдурахимов Нодирочон, Абулкосимов Ёкубчон, Азимов Абдугафур, Азимов Бахтиёр, Азимов Тоштемур, Азимов Талабчон, Алиматов Кахрамон, Алиматов Махкамбой, Алиматов Хакимбой, Ахмадалиев Абдуворис, Ахмадалиев Аюбчон, Ахмедов Шермат, Ашуров Шавкат, Дадобоев Насрулло, Дадобоев Нозимчон, Дадобоев Хабибулло, Дадобоев Хокимчон, Дадоматов Гуфрончон, Дадоматов Каримчон, Дадоматов Орифчон, Дадоматов Саидчон, Дадочонов Илхомиддин, Дадочонов Насимчон, Дадочонов Сирочиддин, Ёрматов Бунёд, Ёрматов Мадали, Имомов Абдурауф, Имомов Муродчон, Имомов Назирчон, Имомов Наимчон, Имомов Нуриддин, Имомов Шодимат, Исмоилзода Хаиткул, Исмоилв Солехчон, Каландаров Толибчон, Кобилов Абдулазиз, Кобилов Исматулло, Кобилв Неъматулло, Кодиров Наимчон, Кодиров Абдурахим, Кодиров Абдушукур, Кодиров Дилшод, Кодиров Мухсин, Кодиров Злхирчон, Кодиров Содикчон, Кодиров Пулодчон, Кодиров Тохирчон, Кодиров Хабибулло, Кодиров Шарифчон, Кодиров Эркин, Кучкоров Лутфиддин, Кучкоров Султон, Мадазимов Абдулхай, Мадазимов Фарход, Мадалиев Кутбиддин, Мадаминов Лоик, Мадаминов Мухаммад, Мадаминов Муъминчон, Мадаминов Некидин, Мадаминов Умриддин, Мадаминов Эшбой, Майнусов Хилолиддин, Мамадов Чурабой, Мамадчонов Абдувосит, Мамадчонов Маъмурчон, Маматов Хушбахт, Марасулв Майсуфчон, Марасулов Сафармат, Машарипов Сангинбой, Машарипов Точиддин, Машарипов Чамшед,Машарипов Шавкат, Мирзоахмедов Фазлиддин, Мирзоахмедов Фахриддин, Мирзоев Аминчон, Мирзоев Гуфрон, Мирзоев Диловар, Мирзоев Мамадчон, Мирзоев Рафторчон, Мирзоев Хусниддин, Мирзоёров Обиддин, Мухаббатов Фируз, Назмиддинов Точиддин, Насриддинов Иброхимчон,Неъматов Мукимчон, Нурматов Анварчон, Нурматов Пулод, Нурматов Рузибой, Нурматов Чахонгир, Одилов Бохирчон, Одилов Фахриддин, Одилов Шодибой, Одинаев Амонбой, Одинаев Рахматчон, Одирматов Баходур, Олимов Пайрав,  Орипов Садриддин, Орипов Файзулло, Орипов Хабибулло, Орипов Хайрулло, Орипов Нурулло, Парпиев Мухаммад, Рахимбеодиев Садриддин, Сангин Одиназод, Сафаров Насриддин, Собиров Абдуворис, Тошбоев Комилчон, Тошбоев Муъминчон, Тошбоев Махмудчон, Тошбоев Анварчон, Тошматов Бахтиёр, Тошматов Иззатулло, Тошматов Неъматулло, Тошматов Файзулло, Тошматов Холмат, Умаров Бустон,  Умаров Рустам, Усмонов Бикидин, Усмонов Муъминчон, Холкароев Хотам, Холматов Нарзиддин, Хайдаров Курбонали, Хочибоев Насимчон, Хочибоев Пайрав, Хувайдуллоев Рустам, Хувайдуллоева Сабохат, Чамолиддинов Насриддин, Чуманов Хуррам, Чуманов Абдурасул, Чуманов Муъминчон, Чуманов Рустам, Шарипов Хомидчон, Шарипов Абдулхай, Шералиев Абдугафур, Шералиев Лоик, Шералиев Мухторчон, Шодиев Ашурмат,Шодиев Мансур, Шодиев Машрафчон, Шодиев Маъруфчон, Эшбоев Урунбой, Юлдошев Аюбчон, Юлдошев Далерчон, Юлдошев Дехконбой, Юлдошев Зафарчон, Юлдошев Кубонмат, Юлдошев Махмудчон, Юлдошев Наимчон, Юлдошев Нозимчон, Юлдошев Тохирчон, Юлдошев Хусенбой, Юлдошев Эрбой, Юлдошева Обидамох ва гурухи калони чавонмардон.


Рецензии