Китоби Хиштхона. Муаррихони ватандуст

                Муаррихони ватандўст
                Чашм ба нусхањои кўњна бидўз,
                Маърифат тоза дафтар аст пирўз.
                Бедил
           Чун ба навиштани китоби «Боргоњи  маърифати  Хиштхона» азм намудем, маслањаткўше изњори аќида намуд, ки дар китоб овардани рисолае оиди таърихи дења басо хуб ва мувофиќи маќсад мебуд. Ин таклиф писандида гардид ва, њарчанд мўњлати таълифи чунин асар танг буд, устодон Норматов Ёрмуњаммад Усмонович, Имомов Ниёзмат, Имомов  Рўзибой ва Тошматова Гулхумор Алибоевна, ки њамагон зодаи дењаи Хиштхонаанду ин љо ба камол расидаанд ва фаъолияти омўзгориашон низ дар њамин диёр ба вуќўъ пайвастааст, ирода намуданд, ин кори савобро ба дўш гиранд.
        Аз ин иќдоми онон хеле хушнуд гаштам, чунки ин масъала дер боз афкорамро банд намуда буд. Аз љумла дар китоби хеш бо номи «Некхоњї пеша кун» (Нашриёти давлатии ба номи Р.Љалил, Хуљанд, 2010, сањ.168) навишта будам:
«…Њамин тавр, дар ноњияи Ашт дењаи Хиштхона яке аз дењањои нисбатан љавон, ки таќрибан таърихи 250-300 сола дорад, бошад њам, наќши ин дењаю сокинонаш дар таърихи навтарини љамоати Пунѓазу ноњияи Ашт хеле назаррас буда, оиди ин мавзўъ дар оянда вокуниш ва омўзиши алоњидаи њаматарафае лозим аст. Худо хоњад, аз љониби олимону нафарони бомаърифати дења ин масъала њалли мусбии худро меёбад, чунки донистани њаёт ва фаъолияти фарзандони барўманди дења, наќши онон дар њаёти љамиятии кишварамон ба насли наврас муфид ва ибратбахш аст».
         Бо маслињатњои муфиди устодони корогоњ Имомов Ниёзмат ва Имомов Рўзибой, ки барои аниќтару объективонатар навишта шудани гузаштаву њозираи диёри азизамон кўшишњои зиёд ба харљ додаанд, ба Норматов Ё.У. муяссар гашт, маводи бое ба даст оварад ва ќисме аз он маводњоро барои истифода дар рисолаи «Таърихи дењаи Хиштхона» омода созад. Ёрмуњаммад Норматов, ки аз мансаби тањќиќи таърихи диёр насибе дидааст, ният дорад, ки оянда ин рисоларо ѓанитару даќиќтар ва, то ќадри имкон, пурратар намуда, бањри ба доираи васеи хонандагон муаррифї намудани мењани азизамон њиссагузор бошад. Зеро худи ў дарк менамояд, ки рисолаи зикргардида аз камбудињо орї нест ва далелу бурњонњои илмии бештаре мехоњад.
      Барои мураттаб намудану тањрир кардан ва ба низом даровардани навиштаљоти ин рисола Тошматова Гулхумор камари хидмат ба миёни љон бубаст, ки натиљааш ба диќќати хонандагони нозукбин пешнињод шудани ин њикоёт гардид.
      Месазад, мухтасар бошад њам, оиди њаёту фаъолияти муаллифони асар чанд сухан манзури муштариён намоем.


Рецензии