Китоби Хиштхона. Норматов Ёрмухаммад Усмонович

               
НОРМАТОВ ЁРМУХАММАД УСМОНОВИЧ

                Дар олам бахравар гардид зи ачри Худо
                Хар оне, ки донист таърихи чадду або!
                Абдуќаюми Мухаммадчон



          Норматов  Ёрмухаммад  Усмонович  соли 4 маи1952 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт таваллуд шудааст. Падараш – Норматов Усмон шахси босавод ва яке аз фаъолони деха ба шумор мерафт. Модараш – Норматова (Ниёзова) Тиллобибї.

      Соли 1966 мактаби хаштсолаи №13, ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхона ва соли 1968 мактаби миёнаи №7, ба номи Садриддин Айнии дехаи Бободархонро бо бахои хубу аъло ба итмом расонидааст.

     Солхои 1968-1972 дар факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии шахри Ленинобод ба номи С.М.Киров (холо ДДХ ба номи Академик Бобочон Ѓафуров)  дар шўъбаи таърих тахсил намудааст.

      Бо роххати шўъбаи маорифи вилоят соли 1972 ба мактаби №7 шахраки Адрасмон фиристода ба вазифаи муаллими фанни таъриху чамъиятшиносї таъин гардид.

     Солхои 1973-1974 дар сафхои Артиши Шўравї хизмат намудааст.

     Солхои 1974-1976 дар мактаби миёнаи №13-и нохияи Ашт чун муаллими забон ва адабиёти точик  кор карда, музеи таърихї- этнографї ташкил намуд, ки он музей дар нохия чои дуюм ва дар вилоят чои чорўмро гирифта, хонандагони бехтарини мактаб барои ба тамошои шахри Бухоро рафтан мушарраф гаштанд.

     Солхои 1976-1977 дар вазифаи муаллими таъриху чамъиятшиносии мактаби дехаи Шўрчаи нохияи Ёвон кор кардааст.

     Солхои 1977-1981 – муаллим ва чонишини директори мактаби миёнаи коргарчавонони №41-и шахраки Адрасмон ва солхои 1981-1984 дирктори мактаби №3-и шахри Ќайроќќум (холо Гулистон) шуда кор кардааст. Дар мактаби №3 дар асоси устохонаи мактаб барои хонандагони синфхои болої мини-заводи истехсоли асбобу анчоми барќї ва барои хонандагони синфхои 4-7 фермаи харгўшпарварї ташкил намуда, муваффаќ гашт, ки он хонандагон аз 20 то 54 сўмї маош гиранд (он ваќт њадди аќали маош 60 сўм буд).

   Солхои 1985-1990 ба хайси муаллими мактаби №20-и дехаи Саро ва солхои 1990-2015 дар вазифаи муаллим ва рохбари харбии мактаби №61-и дехаи Хишхона фаъолият намудааст.

    Бо чандин ифтихорномаю рахматномахо ва мукофотхои дигари сохавї ќадр гардидааст.

    Оиладор. Хамсараш – Норматова (Шамсиддинова) Ханифа. Панч нафар фарзанд – Саломат, Фарида, Исломбек, Мамлакат, Рухшона ва 14 набера доранд.


Рецензии