Шоу шоу мазхака точики
SHOW-SHOW
Шеърњо аз Низом Ќосим
Мазњакаи феериявї
Иштироккунандагон:
Бабрак – тољири калон-савдогари майдабоз.
Шовалї – тољири майда-савдогари калонбоз.
Коко Шанел - тољири миёна-савдогари калонбоз, раиси созмони хайриявї..
Заррагул – духтари зебои ошиќ.
Сафар – ошиќи Заррагул.
Сољида - модари Заррагул.
Шоњќул - падари Заррагул, чўпони њаќиќї.
Химчагул- шов-шовчии асосї.
Навдагул - шов-шовчии дуюми асосї.
Мушкия - духтари Шовалї, зани бародари Заррагул, ки бо вуљуди чор сол боз келини ин хонадон будан либоси арўсиашро намекашад ва њама њаракатњояш чун лўхтаки механикї аст, ёвари асосии шов-шовчиён.
Агенти 08.
Агенти 09.
Воќеаи рўзњои мо. Вале љойи амалиёт номаълум.
Ќисми аввал.
Намоиши 1.
Маркази яке аз мањаллањои канори шањр. Дар байн чашмаи чун фаввора ороста. Аз ќафо бинои нимвайронаи фермаи собиќ намоён аст.
Пешсањна. Ровии театр дар хусуси мўњтавои нахустнамоиш, тањиягару муаллифу њунармандон бо оњанги њазломез њикоят мекунад.
Ровї. Салом, дўстони гиромї. Ќабл аз њама хоњиш мекунем, ки телефонњои њамроњро хомўш намоед. Анќариб мављи мусбати толори театр сим-картањои телефонњои фурўзонро месўзонад. Ва, мухлисони гиромиќадр, инак, лањзаи фарањбахше фаро расид, ки интизораш будем. Дар ин рўзи нек намоиши нави мо «Шов-шов» пешкаши шумо мегардад…
Пеш аз сухани охирин нафаре аз кормандони театр давида меояд ва хавотиромез бо ў шов-шов мекунад. На њама сухани онњо фањмост.
Агенти 08 . Устод, ба фикрам, намоиш намешавад.
Ровї. Хомўш, халал нарасон.
Агенти 09. Устод, намоиш намешавад. Мардума љавоб дињед.
Ровї. Барои чї?
Агенти 08. Баъзе актёрњо нестанд.
Ровї. Одаташон њамин.
Агенти 09. Не, тамоман намеоянд. Мардума љавоб дињед.
Ровї. Барои чї, охир?
Агенти 08. Шов-шов њаст, ки њозир замин меларзад.
Ровї. Э, девона шудї?! Кї гуфт?
Агенти 09. Намедонам. Телефон карданд.
Ровї. Кї охир? Кай гуфт? Аз куљо фањмидї?
Агенти 08. Ба њамсояи мо аз ќишлоќ телефон карданд.
Ровї. Ба вай кї гуфтааст.
Агенти 08. Намедонам. Њама мегўяянд, ки зилзила мешавад! Ягона љойи бехавф - њамин љо. Инља биёед. (Паси сањна меравад).
Ровї. Нахустнамоиша вайрон накунед. Мухлисони мўњтарам, бубахшед, ман њозир њамаашро фањмида меоям.
Ровї меравад.
Мардум аз толор, аз ќафо, аз пањлуњои сањна омадан мегирад.
Овозњо. Инља биёед. Дар ин љо меистем.
Аз њар тараф овозњо мебарояд.
Мардум. Њой, Далер, поин фаро.
-Берун бароед! Салим, баро гуфтам!
-Замин мељунбад! Хезед!
-Кўдакњоро бароред!
-Њама берун бароед.
-Кї гуфт?
-Охир, аз куљо фањмидед?
-Аз њамсоя.
-Ба њамсоя кї гуфтааст?
-Вай дар бозори «Корвон» фањмидааст...
Агенти 08. Ба мўйсафедњо ёрї дињед. Шумо њам аз толор ба сањна биёед, пеши чашмаи муќаддас - ягона љойи бехавф. Ба занњо ёрї дињед.
Аввал љавонњо зада медароянд.
Овозњо. Э, њар каса войи љони худаш.
Сањна пур аз актёрон – иштирокчиёни намоиш мешавад.
Агенти 08. Куљо баромадед? Шумо дар грим.
Актёрон. Шов-шов њаст, ки њозир замин мељунбад.
Агенти 09. Кї ба шумо гуфт?
Актёрон. Љиянам аз Ќизилтумшуќ телефон карда гуфт.
Агенти 08. Ба вай кї гуфтааст?
Актёрон. Љиянаш аз Сари Љар бо телефон гуфтааст.
Агенти 09. Тавба кунед. Кї медонад, ки оќибаташ чї мешавад?
Ровї дар даст тубаки гул медарояд.
Ровї. Ваќте ки се одами солимаќл як гапа гуфт, магарам, ки бовар кунї. Ин гула куљо монем?
Агентњо. Дар њавлии Заррагул.
Одамњои аз хонањошон баромада гурўњ-гурўњ меистанд. Њар кас ду-се нафарї дар кунље љой гирифта байни худ шов-шов мекунанд. Оњиста-оњиста хандаву писханд, садои зорию зўрї баланд шуда, баъзењо доминову картабозї мекунанд, дуо мехонанд.
Химчагулу Навдагул бо аробањояшон меоянд. Химчагул нотбуки худро ба кор медарорад. Навдагул аз пеши бараш телефони мобилї, аз љўробаш сими дароз баровард, аз дарахт гузаронда, ба табаќчаи алоќаи кайњонї (параболї) пайваст. Симро кашида мебинад. Овозањо оѓоз мешаванд.
Химчагул. Бузи калони бешохама дар балкон мондам, ки хабар дињад. Њоло вай љим. Љонвар, ки «бе-эъ-эъ» гуфт, тамом, замин меларзад. Барои он, ки доим дар пеши чашмам бошаду овозакаша шунавам, дар балкон мондам.
Навдагул. Буз барои дигар чиз њам «беъее» мегўяд.
Химчагул. Э, бин, њама аз хонањояшон баромада мегурезанд.
Навдагул. Э, вай буќќа кї?
Химчагул. Бабрак – тољири майдабоз дар ињотаи муњофизонаш Агенти 08 ва Агенти 09 њамроњи Шовалї – тољири калонбоз меоянд.
Бабрак, Агенти 08, Агенти 09, Шовалї меоянд. Шовалї баъзењоро ба Бабрак шинос мекунад. Бабрак наќшањои азим мекашад.
Шовалї. Инаш љойи варзиши бачањо.
Бабрак. Ваяш чї?
Шовалї. Кўли шуллукњо.
Бабрак. Ња-ааа…
Шовалї. Оби чашма аз њамин љо меояд.
Бабрак. Љойи наѓз будааст. Инљаро мегирем. Кўли мурдаро бо шуллукњояш барои пансионат мувофиќ мекунем. (Оби чашмаро нўшида.) Оби чашмаро барои санљиш фиристодан лозим.
Агенти 08. Ваќти тоат шуд…
Коко Шанел мегузарад.
Шовалї . Инаш як паршикастаи балоякак, Кокулбии Чаќќон.
Бабрак. Номи шумаша нагир, Коко Шанел гўй.
Шовалї. Чї донам? Як ваќт љўра будед.
Бабрак. Шогирдам буд, вале «кидат» кард. Нафсаш бад будааст. Њамаша аз дастам кашида гирифт.
Навдагул. Тавба кунед, мардум. Чашмаи муќаддас шафоат мекунад.
Бабрак. Лекин чашма дар љойи хуб будааст, тарабхонаи наѓз мешавад.
Шовалї. Ин чашмаи муќаддас, мардум аз ким-куљо омада тавба мекунанд. дар кўл хунашона тоза мекунанд. Ту чї хел дар инља тарабхона месозї?
Бабрак. Барои фањмидани ин зодаи асри ХХ1 будан лозим.
Шовалї. Охир инља барои дуогирї аз хориља одамњо меоянд?
Бабрак. Наѓз-да. Барои хориљињо мењмонхонаи супер месозем. Ин тараф пансионати олидараља мешавад.
Шовалї. Коко Шанел хост њамин чашмая бо кўли шуллукњояш соњибї кунад, лекин аз дасти хоњари ман гирифта натавонист.
Бабрак. Хоњари ту чї њаќ дорад?
Шовалї. Вай замини меросии бобои язнаи ман Шоќул будааст. Ана худаш…
Сољида келинаш Мушкинаро меорад. Мушкина бо вуљуди чор сол боз келин будан, бо либоси арўсї ба њар каси пеш омада чун лўхтак «келинсалом» медињад.
Мушкия. Ассалому алайкум.
Сољида. Рафтем, келин!
Мушкия. Ассалому алайкум.
Сољида. Э, салома як тараф мону, љоната каљ кун. Рафтем.
Мушкия (аз шитоб чодари пеши рўяш меафтад). Вий… рўйи номањрам расид!
Сољида. Э, ѓайри ману писарам, њама ба ту мањрам. Рафтем, дар балои акаам намонам!
Як тараф гузашта, бо гурўњи њамсояњо меистанд.
Химчагул. Њама баромад. Њама интизори љунбиш. Сар кунед њам мешавад.
Навдагул. Чиро?
Химчагул. Заминљунбиро.
Навдагул. Тавба кун-е…
Бабрак (ба љониби Сољида ишорат карда). Вай мулоимхунукаш кї?
Шовалї. Вай келинаш, Мушкина - духтари ман.
Бабрак. Э, муттањам-е, ба тўят хабар накардї?
Шовалї. И-е, чор сол пеш дар бари боло мешиштї, дар тўй сухан гуфтї.
Бабрак. О, «келинсалом» медињад-ку.
Шовалї. Наѓз-да. Њурматаш баланд.
Охирин шуда Заррагул дар даст кўзачаи латтапеч меояд. Гўё замин ларзида бошад, ё раъду барќ шуда бошад, њама дар талвоса меафтанд. Аз он љумла, Бабрак низ.
Сољида(ба Заррагул). Наѓз ба латта печон. Њељ кас нафањмад, ки вай чи…
Химчагул. Ба фикрам, љунбид.
Њама. Ња, љунбид.
Навдагул. Э, вай каллаи ту љунбид.
Химчагул. Љиргаррехта базеб аст, келини дўстдори кї мешавад?
Бабрак гўё барќ зада бошад, аз дидани Заррагул шах мешавад.
Шовалї. Ба ту чї шуд? Бабрак?
Бабрак. Шовалї, њама калу кўра шинос кардї, ин духтарча кї?
Шовалї. Э, вай як љияни каллакадуи ман Заррагул. Тахаллусаш – Зара. (Гапро зуд ба дигар тараф бурда.) Њо, ана ваяш пири занњо - Химчагул. Инаш Навдагул …
Бабрак. Э, ту онњоро мон. Аз ин духтарча гап зан.
Шовалї. Э, вай як баррача, он ќадар соќ не… Ана вай - Химчагули зебо…
Бабрак. Ту вай пирсолуќњоро мону аз ин «баррача» гап зан.
Шовалї. Бало зад…
Химчагул Бо Навдагул шов-шов мекунанд.
Навдагул. Биниам мехорад. Тўй мехўрем, чї бало?
Химчагул. Ба тўйи Заррагул тайёр шав: Бабрак биниша хорид!
Навдагул. Аз дунё ќафо мондї. Сољидаю акааш Шовалї ќарчиќудо шуданду духтари Шовалї Мушкия ба писари Сољида расид.
Химчагул. Ана, акнун навбати Заррагулу Тиллобой.
Навдагул. Лекин ќади бачаи Шовалї паст баромаду духтар ба Сафар дил дод!
Химчагул. Э, вай як «галлу»-и бекафан, барои пулљамъкунї Россия рафтааст.
Навдагул. Сафар меояду мегирад…
Химчагул. Э, не. Њамин бањор рафта буд. То вай меояд, ки арўс насиби каси дигар мешавад. Ана, сурати домод дар Интернет баромадааст. Дар рўзнома њам њаст.
Навдагул. Вий! Ба Бабраки «гуманитарка» монанд. Бечора, духтар, њайф шуд…
Бабраку Шовалї љанљол мекунанд.
Бабрак. Ман вая мегирам.
Шовалї. Э, як бор худо гўй, љўра…
Бабрак. Мегирам, гуфтам, мегирам. Вай љияни ту? - Љиянат. Ту њамкори ман? - Њамкори ман. Ана ба ту пул. Ана ба ту кор: дила ёву арўса биёр.
Шовалї. Вая бояд худам ба писарам арўс кунам.
Байни Химчагулу Навдагул љанљол мешавад.
Химчагул. Дидї? Гап - гапи ман мешавад!
Навдагул. Э, намешавад: Шовалї мемондааст, ки келинаш аз даст равад?
Химчагул. Бабрак мемондааст, ки гапи вай шиканад?
Навдагул. Гап – гапи Шовалї!
Химчагул. Эњња, Бабрак садта Шовалии Доллари Фалшивкаи шуморо кўтара ба як тангаи зардак харида мегирад!
Навдагул. Э, ба ту чї?
Химчагул. Вай аз кўчаи мо.
Навдагул. Илоњї, туро њам харида гирад.
Химчагул. Э, бењтараш, бо вай калла ба калла нашав.
Навдагул. Эњ, њамкўчата бин-е: сарчархак шуд.
Бабрак (ба ваљд омада мераќсад ва месарояд). Оњ, Заррагул! Эњ, Заррагул! Ањ, Заррагул!
Химчагул. Исто, љим! Ба фикрам, љунбид.
Навдагул. Љунбиду… оњиста љунбид.
Химчагул. Наѓз љунбид, соз бин…
Навдагул. Э, аз дидани Эгами Калўш дили ту ларзид.
Химчагул. Э, бева, гапата дониста зан…
Агенти 08. Тишшш…
Агенти 09. Товба кунед, омурзиш талабед…
Химчагул. Чї, фаќат моя мебинї?
Навдагул. Бин, «Бабраки Гуманитарка» чї њоле дорад…
Бабрак. Ман писари калониат, дадаљон…
Шовалї. Охир зани њафтумат мешавад. Вай духтарча, ёфтани дилаш мушкил.
Бабрак. Ќарзи мана те, арўс бо пойи худаш давида меояд.
Шовалї. Кошки замин тезтар мељунбид. Заррагул, якта чой биёр!
Заррагул. Марњамат, таѓољон. (Ба Бабрак.) Ассалом, бобо.
Бабрак. Салом, «набераљон».
Шовалї. Рањмат, љиян. (Заррагул меравад). Бин, куљои ин хушрў?
Бабрак. Гап тамом. Бартер мекунем.
Шовалї. Хуб. Вале дар болои ќарзат боз камтар пул мемонї.
Бабрак. Панљ њазор доллар!
Шовалї. Кам. Замонати хонаро бармегардонї.
Бабрак. Хонаи навсохтаи мана бин, њуљљатњояш ба номи кї?
Шовалї. Ба номи ман.
Бабрак(баъди сукут). Ана њамона бахшидам.
Шовалї. Калиди хонаи навсохтаро медињї.
Бабрак. Шуд.
Шовалї. Њамчун домод намемонї, ки Коко Шанел инљаро харад.
Бабрак. Ман худам мехарам. Чашмаро, фермаро, кўлро, њамаро.Чї гуфтї?
Шовалї. Худат хар.
Бабрак. Чи-и-и-ї!?
Шовалї Эъ, худат харида гир, мегўям.
Бабрак. Ња…
Шовалї. Якбора пули оби чашмаям те, пули фермаро њам.
Бабрак. Бе гуфтугў.
Шовалї. Гирди чашмая обод мекунї.
Бабрак. Њамаша девор мекунам. Симхор мекашам, ягон ќатрааш бењуда намеравад, њаммаш пул мешавад.
Шовалї. Корхоначаи ќафои хонаша ѓайридавлатї мекунї.
Бабрак. Бо њама коргарњояш мехарам.
Шовалї. Номи панљ авлоди мана ба рўйхати «гуманитарка» менависї.
Бабрак. Бо њама ањли оилањошон.
Шовалї. Якта дўкони носфурўшї.
Бабрак. Бо њама носфурўшу носхару носкашу ностуфкунакаш.
Шовалї. Чака парто.
Бабрак (даст дода). Рўзи шанбе тўй!
Шовалї. Ёри љавону шўи пир, - Доллара теву духтара гир!
Химчагул. Ба фикрам, љунбид. Исто, исто, бин…
Навдагул. Ња, љунбид. Њар ваќт дар сари Шовалї ягон фикри бад ояд, хаёлам на танњо дили ман, балки замину замон меларзад. Вая бин…
Шовалї назди Сољида меравад. Духтараш зуд бо таъзим «келинсалом» медињад. Хоњараш ба истиќболаш бархеста салом медињад.
Сољида. Ассалому алейкум, акаљон. Хуш омадед.
Шовалї. Ассалом, хоњар.
Сољида. Заррагулљон, барои таѓољонат ош накардї?
Шовалї. Ваќт нест, хоњарљон. Гўш дењ.
Сољида. Гўш мекунам, акаљон.
Шовалї. Ман духтарама ба писари ту дода, ќариб панљох њазор бой додам. Вале Фарњоди ношудам ба Заррагули ту мувофиќ нест. Хайр, насиб набудааст. Вале ман акнун њаќ дорам духтари туро бо салоњдиди худам ба њаёт барорам. Њамин тавр?
Сољида. Ња-ю…
Шовалї. Кофта-кофта як домоди зўр ёфтам.
Сољида. Кист ў?
Шовалї. Бабраки Кўксултон!
Сољида. Воњ! Охир, вай як мўйсафед аст.
Шовалї. Мўйсафеди чї? - Нав панљову њаштунимсола шудааст!
Сољида. Оњ… Воњ…
Шовалї. Нахоњї, не. Духтари худама бурда метиям, як умр роњат мекунад!
Сољида. Мушкинисоя!?
Шовалї. Њоло демократия. Њар коре чени дилам бошад, мекунам. Мушкия!
Мушкия (хеста, чун наварўсон «келинсалом» медињад). Салом, дадаљон.
Шовалї. Рафтем!
Мушкия. Итоат, дадаљон!
Сољида. Ман розї, ман розї… Уф, ин шармандагиро ба куљо мебарам?
Шовалї. Офарин бар аќли расоят. Мушкия!
Мушкия. Лаббай, дадаљон.
Шовалї. Ист.
Мушкия. Итоат, дадаљон!
Сољида. Лекин…. дили Заррагула чї хел меёбем?
Шовалї. Инаш кори ту. Ана ин дусад доллари майдая болои сараш чошу гўй, ки њар рўз ба сарат ана њамин хел борони доллар мерезад. Доллара бинад, аќлаш зуд ба љояш меояд. Ба шўи чўпонат њам фањмон, ки дар њар яктои ин коѓазчањо дањ бузу гўсфанди хароби вайа печонда мешавад! Гўй, ки асои чўпониша ба рўшної занад! Дар акси њол, духтарама гирифта мебарам! (Меравад).
Навдагул. Ба фикрам, љунбид.
Химчагул. Не, наљунбид.
Навдагул. Бин, одамњои «муттањам-мањалла» њам баромадаанд.
Химчагул. Э, мардуми тамоми мањалла берун баромадааст. Ана, аллакай дар Интернет баромадааст.
Навдагул. Наљунбид-ку…
Химчагул. Гуфтанд, ки имрўз намељунбидааст. Заминларза ба пагоњ, ё рўзи дигар мононда шуд.
Химчагул. Њар кас ба хонаи худаш равад…?
Мардум пароканда мешавад.
Навдагул. Дурўѓ бошад, барои чї ин ќадар азоб кашидем?
Химчагул. Ин сафсатта аз аввал маълум буд. Дар Интернет баромад, ки њоло инсоният аќаллан як даќиќа пештар заминларзаро пешгўї карда наметавонад.
Навдагул. Набошад, барои чї худат бовар кардї?
Химчагул. Аз ќатор намонам гуфтам-да.
Навдагул. Балої-да. Меравем?
Сафар пайдо шуда дар байни мардум Заррагулро мељўяд.
Химчагул. Сањар мешавад. Дигар куљо меравем..? Ба кор сар мекунем.
Навдагул. Имрўз савдо наѓз мешавад.
Намоиши 2.
Сари чашма. Пикабиву Навдагул бо аробањояшон дар љойи худ истодаанд.
Навдагул. Оњ, инаш чи бало буд? Ба Сафарча монанд! Нав рафта буд. Њамин бањор буд…
Химчагул. Воњ, шов-шова шунида, аз худи Россия давида омадааст!
Сафар меояд. Рост ба назди Заррагул рафта имо мекунад, овоз медињад.
Сафар. Зинда бод ќонуни танзим. Арўс бепул шуд! Мардикорї зарур нест!
Зарра. Оњ, Сафарљон!
Сафар (ба ў тўњфа медињад). Эњ, Заррагулљон! Ана, ман омадам!
Месароянд.
Заррагул. Ту дили ман будаї!
Сафар. Ту дили ман будаї!
Заррагул. Ту ѓами ман будаї,
Сафар. Ту ѓами ман будаї.
Заррагул. Бар ман аз ганљи љањон, ишќ фаќат дастрас аст,
Сафар. Давлати ишќи ту бас аст, ишќи бузургам њавас аст!
Овози Сољида. Духтарам, ту дар куљої?
Љавонњо ба њам наздик омада, беихтиёр, мастона моили бўса мешаванд. Вале нохост Сољида аз хона мебарояду љавонњо аз њайбати ў парида мегурезанд ва аз њам дуртар меистанд. Аз љониби дигар Бабрак меояд.
Сољида. Њай – њай – њай! Ин ќадар табатон баланд!
Сафар. Ассалом, холаљон.
Сољида (бо ќањр). Салом.
Сафар. Аз Русия омадам! Рањмат ба ќонуни танзим, ки арўс бепул шуд.
Бабрак. Дод аз дасти танзим! Дод аз дасти кризис! Нав шодї кардем, ки њама домодњо дар Русияву арўсакњо ба дасти худамон монд. Чаро омадї? Њамон љо хуб набуд? - Салќин буд, фаровонї буд…
Сафар. Дар Россия њам кризис. Банкњо пул намедињанд. Вале барои зангирї њоло на мардикорї даркор, на пули бисёр.
Бабрак Дод аз дасти «танзим»!
Сољида. Рўзи тўйи калон биё!
Сафар. Тўйи Заррагул, охир, тўйи ман њам…
Сољида. Нафањмида бошї фањм, Сафарак: домоди мо шуд Бабрак!
Сафар. Кї!?
Сољида. Бабрак!
Заррагул. Оча, ин чї гуфтугў?! Ман охир вая тамоман…
Сољида. Хап! Ягон кас нафањмад… Рафтем.
Сољида ѓур- ѓуркунон духтарашро ба гўшаи дигар мебарад. Сафар њам меравад.
Бабрак бо телефон хашмгинона фармон медињад.
Бабрак (ба агентњо). Агенти 08!
Агенти 08 (гўё аз зери замин- аз тавораи чашма мебарояд). Лаббай!
Бабрак. Агенти 09!
Агенти 09 (гўё аз осмон –аз зинапоя фаромада) . Лаббай!
Бабрак. Вазифањоятон дигар шуд. Дар атрофи хонаи Заррагул тор танед. ашматона аз он бача наканед. Ба сохтмону прихватизатсия назорат кунед. Ба пеш.
Агентњо. Итоат!
Бабрак. Шовалї!!!
Шовалї (давида, як по дар попўшу як по бе попўш меояд). Лаббай!
Бабрак (ба Шовалї). Дидї?!
Шовалї. Дидам. Њаракат кардан даркор.
Бабрак. Набошад, чї хап мешинї? Ту чї хел таѓо? Вазифаи таѓогита ба љо ор.
Шовалї. Хуб. (Йўрѓа карда меравад.)
Агенти 0 98, Агенти 0 99 меоянд. Бе гап гирди чашмаро бо симхор мебанданд, лавњањои гуногунро мечаспонанд: «Чашма», «Озодї», «Бабр-Шо», «Шов-шов».
Кампирњо ба шўр меоянд.
Химчагул. Ин девонањо чї кор мекунанд?
Навдагул. Чашмаи моро мањкам мекунед?
Агентњо (мисли робот гап мезананд). Фармон аз боло аст.
Химчагул. Ин чашмаи муќаддас аст, оби шифобахш дорад.
Агентњо. Шэфи мо њамаи ин ќисмати шањрро ѓайридавлатї кардааст.
Навдагул. Эњња, дигар аз оби чашма наменўшем, гўй?
Агентњо. Ба шумо имтиёз медињем. Њаќќи вуруд ба дигарон панљоњ дирам, ба шумо чил дирам.
Навдагул. Эњња, ман дар сари њамин чашма таваллуд шудаам!
Химчагул. Њамин дарахтакоя ман ба оби чашмам сабз кардам. Акнун…
Агентњо. Акнун пул дода медароед.
Навдагул. Ин кора барои савобгирї мекардем.
Агентњо. Пул дињед, савобаш зиёдтар мешавад.
Химчагул. Мо шикоят мекунем. Бо ин нарх њељ кас намеояд, чашма њам хушк мешавад, ё об замина вайрон мекунад.
Агентњо. Ихтиёратон, фармон аз болост.
Навдагул. «Боло»-и мегуфтагии ту Бабрак аст. Мо ба ООН арз мекунем.
Агентњо. Њамон болояш ООН аст, охир.
Химчагул. Ввоњ! Њамон ООН оби бепула пулакї кард!?
Агентњо. Ња. Капитализмаш њамин охир.
Навдагул. Вањ. Оби чашамая бепул хўрдему, гўё ки ба кисаам 50 дирам даромад.
Химчагул. (дар компютер њисоб карда). Эњња, компютер нишон медињад, ки дар 56 соли умрам њар рўз се борї об хўрда бошам, фаќат аз њисоби оби чашмаи худодод, ман 30 њазору шашсаду шаст сомонї фоида гирифта будам.
Агенти 08. Бо мо њамкорї кунед, вуруди шуморо тамоман бепул мекунем.
Кампирњо. Чї хел?
Агенти 09. Аз њамон шов-шовњои наватон пеш аз њама ба мо хабар дода истед.
Навдагул. Чака парто. Хуб!
Даст медињанд ва њама рафта аз оби чашма менўшанд.
Пикакмоњ. Ана, хабари нав: Шовалии Доллари Фалшивка меояд!
Химчагул. Воњ! Очаи зораша ба чашми хоњараш нишон медињад!
Шовалї аз ќањру ѓазаб ларзида меояд.
Шовалї. Сољида!
Сољида (аз хона мебарояд). Лаббай, акаљон…
Шовалї. Њоло њамин хел?!
Сољида. Нафањмидам, акаљон…
Шовалї. Худата ба нодонї назан! Духтарата ба роњ дароварда натавонї, ман духтарама мебарам! Мушкия!
Мушкия. Лаббай!
Шовалї. Рафтем!
Мушкия (маросими келинсаломро иљро мекунад). Итоат.
Сољида. Э, вой сарам! Акаљон, камтар тоќат!
Шовалї. Мушкия, шин!
Мушкия. Итоат.
Сољида. Язнаат аз кор ояд, ин чигилро кушояд.
Шовалї (ба Мушкия). Мушкия! Хез!
Мушкия. Итоат.
Шовалї (ба Сољида). То пагоњ ба ту мўњлат. Мушкия, шин!
Мушкия. Итоат.
Шовалї (ба Сољида). Ба гап дароварда натавонї, аз худат гила бикун, духтарама мебарам!
Сољида. Во сарам! Намедонам, чї гўям…
Шовалї. Мушкия, хез!
Мушкия (бо келинсалом). Итоат, дадаљон.
Сољида. Акаљон, ду рўз мўњлат дињед, дадааш ояд…
Шовалї. Мушкия, шин!
Мушкия (бо келинсалом). Итоат.
Шовалї. Мўњлат то пагоњ!
Сољида. Хафа нашавед, акаљон.
Шовалї (равон мешавад). Нобуди ман, «Раис-ранљиш» нашавад!
Сољида. Як чойи талх, акаљон...
Шовалї. Ман чоя бас кардагї. Розигии духтарат бароям бењтар аз коняк! Бабрак наранљад, Бабрак!
Мушкия (бо келинсалом). Хуш омадед, дадаљон.
Шовалї. Мушкия, хез!
Мушкия. Итоат.
Шовалї. Ту њарду чашмата аз Заррагул намеканї!
Мушкия. Итоат! Ман Заррагула ќаравулї мекунам!
Шовалї. Офарин. Шин! (Меравад).
Мушкия. Итоат.
Сољида. Хез, шин… Шин, хез… Хез, шин…
Сари чашма.
Кампирњо бо шодї њамдигарро оѓўш мекунанд, вале баъд ба љанљол мегузаранд.
Навдагул. Шоњќул меояд аз кор, мекунад ўро њушёр!
Химчагул. Дидї, гуфти ман шуд!
Навдагул. Не, гуфти ман шуд. Аввал ман гуфтам, ки…
Химчагул. Шарм дор-е! Ман гуфтам, ман гуфтам…
Бабрак (худ ба худ андеша мекунад). Чї бояд кард? (Кампирњоро дида.) Эњ, Ёфтам! Илољи Сафарча дар дасти ана њамин кампиракон! (Назди онњо меояд.)
Химчагул. Гуфтам, ки зани Бабрак мешавад.
Навдагул. Ман гуфтам, ман гуфтам…
Бабрак. Очањо, эй очањо, Очањои дилкушо!
Кампирњо. Лаббай, Бабракљон.
Бабрак. Аз шумо як дуоча!
Кампирњо. Хока гирї- шавад зар!
Бабрак. Шунидед, Сафар аз Русия як арўсак овардаст номаш - Маруся?!
Кампирњо. Э, не-е…
Бабрак. Ња-е! Вай – бачаи бероња! Лекин боз нашавад овоза ана ин гапи тоза!
Кампирњо. Э, не-е…
Бабрак. Ња-е. ба шумо ваъда: Арзонакак медињам як-ду либоси тоза.
Бабрак зуд меравад, вале пинњонї аз роњ баргашта, аз гўшае тамошо мекунад.
Кампирњо фавран ба «фаъолият» сар мекунанд. Яке ба Интернет пайваст мешавад, дигарї раќам мечинад. Њарду аз њамдигар пешдастї карда, љор мезананд.
Њарду (баробар).- Навигарї!
- Харигарї!
- Сафари Дарози бачаи Ашўри Калта…
- аз кризис истифода бурда, аз Русия як зану як кўдак …
- не, ду зану чор кўдак овардааст!
Заррагул (дар рўйи њавлї ба њарфи кампирњо гўш медињад). Худоё…
Химчагул. Сафар, дидї, чї кардаст!
Навдагул. Зани урус овардаст!
Химчагул. Занаш ѓижакнавоз аст, ё пиёниска…
Навдагул. Пианинанавоз гўй.
Химчагул. Њардуяш як.
Навдагул. Бачааш аллакай буљулбоз аст.
Химчагул. Ба болояш бењаё мегирад Заррагулро?!
Навдагул. Сафар-ку мекунад кайф, њайфи Заррагул, сад њайф!
Заррагул. Вий! (Давида ба хона медарояд). Худоё…
Навдагул. Заррагула бин. Хафа шуд.
Химчагул. Хубаш мешавад, содда аст: ба Сафарак дил додааст!
Бабрак. Офарин! Акнун ба Шовалии аблањ СМС равон кунам, ки дер нашавад. Тормоза сари ваќт кашидан даркор! (Бо телефон СМС мефиристад.) Лекин агентњои каллакадуи ман чї кор мекунанд!?
Њуштак кашид. Агентњо дар љойи истодаашон баробар гап мезананд.
Агенти 08. Лаббай.
Бабрак. Каллакадуњо! Гўшу чашми њаќиќии ман шавед! Аз Заррагулу Сафар чашм наканед…
Агенти 09. Агар ин дафъа бўсиданї шавад, каллаи њардуяша меканам.
Бабрак. Фаќат Сафара. Лекин агар такрор шавад, каллаи кадуи њардутона меканам!
Агентњо. Итоат.
Бабрак рафт. Агентњо дар атрофи хонаи Заррагул камин гирифтанд.
Диќќати кампирњо ба каси навомада банд шуда, хавотир мешаванд. Зани зебои љавони дар тан либоси мўди охирини аврупої аз дур ба чор тараф тараф, аз он љумла, ба кампирњо бо сари даст ишорањо карда, салом медињад.
Химчагул. Диќќат! Диќќат! Коко Шанел меояд!
Дикакамоњ. Аз дасташ чї меояд?
Химчагул. Зан агар бошад пурдон, аз ў гурезад шайтон!
Коко Шанел. Шерше ля фам, холањо.
Навдагул. Чи-«фањм» гуфт?
Химчагул. Э, бесавод, немисия хонї, намешавад? Немисњо њамин хел ибодат мекунанд: «шир-шўла-фањм шавї, яъне «пулат бисёр шавад» мегўяд.
Навдагул. Ња… Ту њам ширшула-фањм шавї, Коко Шанелљон!
Коко Шанел. Њадя ба шумо аз Франсия - яктагї «резинка»!
Њарду. Рањмат, Кокољон.
Агентњо пеш меоянд.
Химчагул. Коко, мурдї!
Навдагул. Эњње, кинои америкої сар мешавад:
Химчагул. Бечора, Коко Шанел, занаки наѓз буд.
Навдагул. Э, худо, љоша љаннат бикун…
Агентњо пеши роњи Коко Шанелро мегиранд.
Агенти 08. Исто. Њуљљат.
Коко. Чї?!
Агенти 09. Мумкин нест. Њуљљататаро барор.
Коко. Ана, њуљљат! (Аз баллонча атр мепошад.) Бомба. «Фих - фих!»
Агентњо. О-ооњ…
Меафтанд. Коко ба хонаи Заррагул медарояд. Кампирњо њайрон менигаранд.
Навдагул. Эњње, кинои њиндї шуд-ку.
Агентњо зуд њушёр шуда мехезанд.
Агенти 08. Атрии оддї будаасту…
Агенти 09. Мо гази бењушкунанда гумон кардем.
Агенти 08. Вале мо њоло нишон медињем.
Химчагул. Э, алкашњо! Мемуред, араќа камтар хўред!?
Агентњо зуд бархеста, беовоз маслињат мекунанд, аз сумкањояшон арѓамчин, корд, ќанор мебароранд, Бо ишора ќанорро интихоб мекунанд.
Агенти 09. Девор муш дорад, муш гўш…
Коко Шанел (дар њавлї бо Заррагул вохўрдї мекунад). Шерше ля фам! Чї шуд, ба ту, Зарраљон?
Заррагул. Э, дугона, намедонам чї кунам. Њељ кас ба додам намерасад. Хоњиши волидон як тарафу ишќи дилам як тараф.
Коко Шанел. Медонам. Сафар аз ман хоњиш кард, ки ёрї расонам. Парво накуну бепарво њам набош. Илољи њамааш њаст. Ташкилоти мададгори «Коко Шанел» ба њамаи сарсахту бадбахту берўзї, беваю бечора мадад мерасонад.
Заррагул. Хайрият, ки омадї.
Коко Шанел. Ин овози кї? Падарат?
Заррагул. Ња, очаам рафта буд, ки масъаларо бо падарам њал кунад.
Коко Шанел. Ба њар гапашон «хуб» гўй, то аз кори мо пай набаранд.
Заррагул. Чї!?! Ба хостгории Бабрак розигї дињам?
Коко Шанел. Ња. Онњо бепарво мешаванд, ту озодтар мешавї. Ана, дар ин ариза имзо гузор. Мо туро њимоя мекунем. Сафар дар хонаи ман меистад. Рўзи тўй домодро иваз мекунем.
Заррагул (баъди сукут). Чи хел «иваз мекунед»?
Коко Шанел. Инаш махфї. Ба ту чї фарќ дорад? Ту наѓзакак тайёрї бин.
Заррагул. Ташаккур, Кокољон.
Дар ин байн агентњо дар дањани дарвоза бо ќанори калон меистанд.
Химчагул. Ввањ! Ана, кинои зўр мешавад.
Навдагул. Акнун Коко чико мекунад?
Коко Шанел (агентњоро мебинад). Соддањо! (Наздашон меояд.) Чао, мистер!
Агентњо. Гуд бай…
Коко Шанел (дипломаташро кушода ду хурўсќанд мебарорад.) Куч-куч-куч…
Агенти 08 (ба ќанд дарафтода). Ба ман. Ба ман.
Агенти 09 (ба ќанд дарафтода). Ба ман…
Коко Шанел. Аввал ѓел занед…
Агентњо. Итоат. (Мисли сагчањо ѓел мезананд). Мешавад?
Коко Шанел. Офарин. Бабраки «гуманитарка» ба шумо чандтогї ќанд медињад?
Агенти 08. Дар панљ рўз…
Агенти 09. … якта.
Коко Шанел. Ман якунимта. Мешавад?
Агентњо (баъди сукут). Мешавад. Вале ин чи хел мешавад?
Коко Шанел. Ин сирри пинњонии мо мемонад. Мисол, (Пул бароварда.) Ана, акнун раќќосаи тўй шавед. Ман ба шумо њамту пул мечаспонам.
Агентњо. Фањмидем! Итоат!
Мисли раќќосањои пулчинаки тўй чарх мезананд. Коко ба онњо пул мечаспонад.
Коко Шанел. Бале! ...
Њарсе мераванд.
Кампирњо механданд. Ба воситаи Интернету телефон хабар медињанд.
Химчагул. Маладес!
Навдагул. Боб кардї, Кокољон!
Химчагул. Хабари ољил! Дар гузари «Њафт кафтар» як паршикаста, як лави латта - Коко Шанел бо як зарба ду марди бўзбалая зада, лингашона аз њаво овард!
Навдагул. Барра кард…
Бабрак бо телефон дар тамос шуда ба агентњо љазо таъин мекунад..
Бабрак. Оњњо! Алло! Агенти 08, Агенти 09! Ин чї рўзатон! Маоши ин њафтаро дар хоби шабатон мебинед. Як бори дигар сустї кунед, таппакчинї мефиристам!
Агенти 08. Итоат.
Бабрак. Вазифаи нави шумо њамин: хељ касро бе пул ба чашма роњ надињед.
Агенти 09. Итоат.
Бабрак. Душманњои дигари мо – Коко Шанел: Ягон кас молњои франсавии вая нахарад! Фаќат моли худамон савдо шавад.
Агентњо. Итоат.
Бабрак. Душмани раќами дуюм – Сафари Дароз! Вай набояд бо Заррагул вохўрад!
Агентњо. Итоат.
Бабрак. Алоќа тамом.
Агентњо. Итоат.
Агентњо ба сари Сафар мераванд. Вале ўро њамроњи Коко Шанел дида, њайрону ноилољ меистанд. Сафар ба онњо забонашро бароварда масхара мекунад.
Агенти 08. Бало зад. Хўљаин, хўљаин, Сафар њамроњи Коко сафар дорад.
Бабрак. Оњ, душман… Назоратро давом дињед.
Агенти 09. Итоат. (Аз ќафои онњо мераванд.)
Химчагул. Эњња, Шоњќули Пашмак бузњоша партофта омадааст!
Навдагул. Акнун чї мешавад?
Химчагул. Кинои тољикї мешавад.
Шоњќул меояд, аз ќафояш Сољида нафасгир шуд метозад. Ба њавлї медароянд.
Бабрак пинњон шуда онњоро наззора мекунад.
Сољида (охири гапаш). Худатон њал кунед! Шумо падар.
Шоњќул. Њама ваќт њамин хел: зўратон ки омад, Шоњќули чўпон ба ёдатон мерасад. Як бори дигар бе маслињати ман кор кунед, бо њамин таёќи чўпониам чунон мезанам, ки… Заррагул!!!
Заррагул (пеш меояд). Ассалому алейкум, дадаљон.
Шоњќул. Њм… Салом. Кўтоњи гап њамин, духтарам: 5 њазор гову гўсфанди ман ба љарии бетаг љар шавад бењтар аз он рўз, ки ба сари ту ягон сахтї биёяд. Барои халосї аз Сафар барин бачаи гаранги бангї мо бо таѓоят ќарчиќудогї кардем. Вале имрўз насиби ту Бабракбой будааст.
Заррагул. Ман њам дар дил орзуњо доштаму…
Шоњќул. Чї-ииї?!
Сољида. Сахттар гиред, дадеш, сахттар...
Заррагул. Не, ман гуфтанї, ки њазор орзуву умеди ман садќаи як умеду орзуи шумо! Агар шумо розї бошед, ман розї.
Кампирњо (аз сари кўча). И – и – е!!!
Сољида. А – а – а?
Навдагул (аз сари кўча). Не гўй, не! Ин духтар худаша гум кард!
Шоќул (бо фахр). Ња-а, фањмидї, занак? Аз дасти Шоњќул бисёр корњо меояд!
Заррагул. Барои хурсандии шумо, даркор бошад, худамро ба љар њам мепартоям, ба обу оташ њам…
Кампирњо. В – в – воњ!!!
Сољида. Э, духтари содда! Ба обу оташ не, ба хонаи гарму бароњати Бабракбой дарову њузуру њаловати дунёро бин!
Заррагул шарм карда меравад.
Шоњќул. Шуд. Ман њоло зинда! Гапи бисёр ба хари кабуди ман бор! Дугонањота ба чойгаштак хабар кардан гир! Як тўй кунем, ки ягон кас надида бошад!
Сољида. Дадеш, ќонуни танзим…
Шоњќул. Хайр, чї?
Сољида. Не, ман гуфтанї, ки бо бањонаи ќонуни танзим пулу мола гирему сарф накарда, хапу дам арўса барорем.
Шоњќул. Э, дамата гир, барои бахти духтар, ман худам тўй карда медињам!
Сољида. Уф-е, як бор ба гапи ман кор накардед.
Шоњќул. Э, ту хона даро…
Бабрак (дар љойи пинњоншудааш). Офарин! Кор ана ин хел мешавад. (Аз шодї месарояд).
Боз як рўзи пур аз савдо гузашт,
Дар талоши доллару евро, юан!
Боз як бангї диламро шод кард,
Кисаамро пуртар кард аз юѓан! (Бо хотири осуда меравад.)
Агентњо чанд муддат гаранг мегарданд.
Агенти 08. Дилам аз гушнагї таблак мезанад.
Агенти 09. Роњаш њаст: њаќи вуруди чашмаро 1 сомонї мекунему панљоњ дирамаша ба киса мезанем.
Агенти 09. Намешавад, бе ин њам баъди симхор кашидан одамњо кам меоянд.
Агенти 08. Ташна мондам. Як об нўшам.
Агенти 09. Аввал пула парто.
Агенти 08. Уф… Ташнагиам гум шуд.
Агенти 09. Нўш, нўш, њазл кардам.
Агенти 08. Боз ягон хўљаини нав ёфтан даркор.
Агенти 08. Бо фиреби се хўљаин зистан азоби сахт аст.
Агенти 09. Э, саќича партоянд, дањ хўљаинро њам фиреб додан мегирам.
Агенти 08. Биё, ба Интернет эълом медињем.
Агенти 09. Рафтем.
Кампирњо пеш меоянд.
Химчагул. Ин шов-шови зилзила дурўѓ будааст.
Навдагул. Аз ману ту хам дурўѓгўйтар касе будааст-да…
Химчагул. Лекин мегум, бузи ман бисёр «беъе-беъе» мегўяд. Шояд мељунбад?
Навдагул. Э, бовар накун. Вай «бузї» мекунад.
Химчагул. Ку, Интернета бинам, дар бораи бузи ман чї мегўяд. (Аз нотбук мекобад.) Ввоњ! Боз мељунбад?!… 19 бал!
Навдагул. Э, дигар њељ … кас ба ту бовар намекунад.
Химчагул. Э, бин, як бачаи панљсола чї менависад. Номаш Мањдибой. Гуфтааст, ки замин љунбида истодааст.
Химчагул. Замин аз дурўѓи бисёри одамон мељунбад,
Навдагул. Вале мардуми нодон њис намекунад.
Химчагул. Касе ки дурўѓгўй аст ва касе ки ба дўрўѓи дигарон гўш медињад;
Навдагул. Касе ки хушомадгў аст ва дигаронро ба хушомадгўї маљбур мекунад;
Химчагул. Касе ки пок нест ва поконро ба нопокї њидоят мекунад, ин заминларзаро њис намекунад.
Навдагул. Вале онњо дар заминларза аз њама бештар зарар мебинанд.
Химчагул. Мегум, барои чї ин ќадар пешпо мехўраму ќариб меафтам.
Навдагул. Ман њам њис мекунам, ки меларзад.
Аробањояшонро кашола карда мераванд.
ЌИСМИ 2.
Намоиши 3.
Њавлии Заррагул. Сафар, Коко Шанел ва Агентњо ба хонаи Заррагул меоянд. Мушкия пеши роњи Сафарро мегирад.
Мушкия. Ту куљо меравї?
Сафар. Ман узви ширкати гуманитарии Коко! Ёрии гумантитарї овардам.
Мушкия (бо ќароњат). Гузар.
Сафар борашро мегузорад. Заррагул шодон меояд.
Сафар. Заррагул – гули зарра! Бар дил задаї тира! Аз як гапи ту ман мемирам! Аз як гапи ту ман зинда мешавам!
Мушкия мехоњад бо телефон дар тамос шаванд. Агентњо ба ў латифа мегўянд.
Агенти 098. Медонї духтари Афандї як гов доштааст.
Мушкия. Вий. (Механдад.) Гови калон?
Агенти 09. Не, чени мо…
Бо латифа табъи ўро хуш карда ба як тараф мебаранд.
Заррагул.
Сафарам, љонам! Ман бе ту наметонам!
Ѓайри ту касеро ман дилдор намехонам!
Мушкия нохост ба њаракатњои бељои Сафару Заррагул нигариста, пеш омад.
Мушкия. Вий…
Агентњо пеши ўро гирифтанд.
Агентњо. Медонї, духтари Афандї як хар доштааст…
Мушкия. Вий… Хари калон - чени шумо?
Агентњо. Аз мо њам калонтар…
Мушкия. Не, аз шумо калонтар намешавад…
Сафар. Мехоњам ба ман бовар кунї.
Заррагул. Мехоњам ба ту бовар кунам!
Сафар. Мурам дар ту.
Лабњошон моили бўса мешавад. Агентњо омада бо ишора шарм медоронанд.
Агентњо. Њай-њай. Ваќт тамом шуд. Меравем.
Сафар. Њоло истед, монед, љонам барояд.
Коко Шанел. Не. То тўй камтараки дигар тоќат кунед. Рафтем.
Муњофизон њам равон мешаванд. Мушкия пеши онњоро мегирад.
Мушкия. Истед, истед, хари духтари Афандї чччї шуд?
Агентњо. Хар мурд…
Саросемавор мераванд.
Мушкия (дурудароз механдад). И-и-и… Ана њамту. Духтари Афандї зўр-да!
Химчагул. Э, аљинањо намонданд, ки як кинои русї тамошо кунем.
Навдагул. Ана, акнун њамааш наѓз мешавад! Тўй мехўрем!
Шовалї назди кампирњо меояд.
Шовалї. Холањо, ана ин саќич тасаддуќи садуќи садаќа. Гапи нава шунидед? Сафар ба Коко Шанел ошиќ шудааст.
Кампирњо. Медонем.
Химчагул. Ин мисли таппаки девори хонаат маълум.
Шовалї. Тавба. Ин Коко гузаронд. Ба панљову њаштуним даромада бори аввал мебинам, ки зани 30-сола бачаи бистсолая аз арўсаш зада гирифтан мехоњад!
Химчагул. Чї хел? Чї хел?
Шовалї. Ба дугонааш Заррагул ёрї медињам гуфта, Сафарчая гирифтанї, ба худаш ѓулом кардааст. Аз худаш дањ сол ёш-е! Лекин, холањо, гап байни худамон…
Меравад. Паси дарахт истода гўш мекунад. Њамон замон овоза пањн мекунанд.
Навдагул. Надидам нагўед,…
Химчагул. Нашунидам нагўед,…
Навдагул. Тўй болои тўй мешавад…
Химчагул. Коко Шанел боз шў мекунад…
Навдагул. Ин дафъа Сафарчая мегирад!
Ин суханњоро Заррагул шунида гиребон медорад.
Заррагул. Ана гап дар куљо… Мана фиреб доданї…
Химчагул. Ин аз Интернет кайњо ба тамоми љањон маълум. Ана, бин… Эњ… (Антеннањояшро дуруст карда). Боз ким-чї помех дод. Чї гап шуд?
Навдагул. Антеннањои хитоии «аднаразовї» њамин хел. Кан, парто. Ба Бабрак гўй, якта антеннаи японї биёрад.
Химчагул. Ту худат «одноразовї». Набошад, шўят партофта Рассия намерафт. Э, ист… Компютер нишон медињад, ки дар ин тараф ягон «гап» њаст. Воњ, вая бин!
Навдагул. Дар куљо?! Кї бошад?
Химчагул. Сафар…
Сафари хотирпарешон меояд. Заррагулро дида парвозкунон ба сўяш меояд. Вале Заррагул ўро дида, рўй мегардонад.
Сафар (аз ин тарафу он тарафи Заррагул омада нидо мекунад). А-ди… А-дик…
Заррагул (нигоњашро гурезонида ба тарфи дигар менигарад). Не, не, не, не, не…
Сафар. Исто, Заррагулљон…
Заррагул. Не, не, не, не, не…
Сафар. Ин басо муњим…
Заррагул. Намехоњам…
Сафар. Як маслињат њаст, Зарра…
Заррагул. Бас аст наќши ошиќ бозидан.
Сафар. Боз чї шуд?
Заррагул. Њамаатон фиребгар…
Сафар. Чї љини каљак задааст, ки Заррагул бо ман гап задан намехоњад…
Заррагул. «На шири шутур хоњаму»… на рўйи Сафар. (Бо ќањр меравад).
Сафар. Дод аз дасти фалак. Ноумедам накун, Заррагул. Бовар накун. Њамаи ин дурўѓ. Њамаи ин тўњмат. Азбаски гапи рост зебо нест, дурўѓгўён барои дилхушии худ бозори гапро метафсонанд, вале ману ту месўзем. Оњ, посбон мебинад.
Сояи Агентњо ва Мушкияи посбонро дида пинњон мешавад.
Кампирњо ба ташвиш афтоданд.
Химчагул. Э, вай чї бало аст?
Навдагул. Кадомаш?
Химчагул. Њо, ана, дар лаби љар - дар њамон љое, ки ду њазору се саду панљоњу дуюним сол пеш як духтар худаша љар карда буд, боз якта духтар истодааст.
Навдагул. Воњ, дар даст алов дорад-е!
Дар даст машъал Заррагул меояд.
Заррагул. Њайронам, чї кунам? Ду роњи ба њам муќобил. Ду зањри ќотил. Ба кадомаш равам?
Навдагул. Вий, Заррагул...
Химчагул. Хап, кайфа напаррон.
Заррагул. Ман акнун ба кї бовар кунам?
Навдагул. Худаша накушад?
Химчагул. Ку бинем, чї хел мекунад.
Заррагул. Њама себ мехўранду ман фиреб! Аз ин љањон безор шудам!
Аз шишаи калоне, ки дар он «Сирко» навишта шудааст, менўшад. Меафтад.
Кампирњо хавотир мешаванд.
Химчагул. Ким-чї хўрд. Зањр?!
Навдагул (зуд рафта шишаро мебинад). Не, вай араќи бачаи Сољида. Нафањманд гуфта, дар шишаи спирти тоза «Уксус» навиштааст.
Химчагул. Ин њам ба акаааш рафтааст.
Навдагул. Афсўс. Лўхтакчаи наѓз буд, њайф шуд.
Кампирњо мераванд. Заррагули бењушшуда хоб мебинад.
Аз ду тараф Бабрак ва Сафар дар тан либоси љанги асримиёагї, дар сар кулањхўд, дар даст шамшеру сипар меоянд.
Бабрак. Ту ба кї бовар тардї? - Ба як «ќул»? Барои ту чї кор карда метавонад? Бо бањонаи љамъ кардани пули харољоти тўй се сол боз дар Россия майишат мекунад. Муњимтарин чиз барои зан – пул аст. Ман ба ќадат баробар доллар мерезам!
Сафар. Муњимтарин чиз барои зан – дили поку ишќи поки олами беѓубор аст. Туро ман аз дилу љон дўст медорам.
Бабрак. Ња–ња–ња! Ишќ будааст! Э, духтар, ту дар бањри пул ѓарќ мешавї,
Сафар. Аз оташи мењр месўзї!
Бабрак. Хонаи сеошёна месозам бароят!
Сафар. Ишќи садошёна мебахшам!
Бабрак. Некси, Тойота, Ландкрузер, Лимузин, Лексус, Запорожетс, мототсикл, трактор бо телешка, валасафед! Њаммааш аз они ту!
Сафар. «Тико» мехарамат.
Бабрак. Њар моњ як сафари хориљї – Дубай, Себай, Чорбай, Рио де Жанейро…
Сафар. …Чилучорчашма, Чилдухтарон, њафтхоњарон, њафт додарон, њафт хола, њафт амма, њатто ќалъаи Њисора мебинї. Дар Оби Гарму, Хирманак дам мегирї…
Бабрак. Ња–ња–ња! Бо ин корат Заррагули маро дар гармо мекушї!
Сафар. Бигў, Заррагул, ягон чиз бигў!
Заррагул. Ањволи очаю дадом чї мешавад? Њоли акаву янгаам чї мешавад? Охир мо ќарчиќудоем! Таќдири хешутабории таѓоям чї мешавад?
Сафар. Дил чї? Дунёи дили мо чї мешавад?
Заррагул. Кадом дил?
Сафар. Њамон диле, ки аз рўзи чашм кушодану туро диданаш фидои туст!
Заррагул. Кадом!? Њамин диле, ки ба Коко Шанел њам бахшидию ба як зани русиягї њам ва боз Худо медонад, ки ба чандин каси дигар бахшиданиї?! На чунин дил мехоњаму на чунин ишќу муњаббат!
Бабрак. Дар аќли расот садќа, духтари доно. (Оташро аз дасти ў мегирад). Бале, љонам. Заррагул - духтари доно, Тамом карда алифборо. Алифбои њаёт, алифбои муњаббатро… (Аз дасташ гирифта ба хона мебарад).
Сафар. Не, не, истед! Шумо ќоидаи ишќро вайрон кардед. Ин хиёнат! Беадолатї! Бевафої! Афсўс. Њељ кас ба доди ошиќ намерасад. (Ноумед меравад).
Сари чашма. Кампирњо.
Химчагул. Воњ, ана, бин, Шовалї туќќуз меорад.
Шовалї. Як дуо дињед, очањо.
Химчагул. Тўй оѓоз шавад,
Навдагул. Кори мо соз шавад!
Химчагул. Ба тўйхонањо равем!
Навдагул. Ба тўйхўрињо равем!
Њарду. Омин!
Шовалї љињози арўсро меорад. Агентњо ќуттињои калону хурдро меоранд. Сољидаву Шоњќул онро ќабул мекунанд. Сољида либосњоро мебинад.
Шовалї. Ана, хоњар, њама гуфтагита овардем. Рўзи шанбе тўй!
Сољида. Саросема нашавед, акаљон, либосвории овардаатон кам!
Шовалї. Охир, барои Мушкинисои ман аз ин њам камтар оварда будед…
Сољида. Духтар ба нархи рўз гуфтаанд. Боз як тўб “Чашми Зулайхо”-ву як рулон “Зулфи Гугуш”, як рулон «Холи Барак Обама»! Њамаи дугонањои арўса ба ресторан мебаред! Њофиза аз хориља харида меоред! Зафарчаю Манижаю Шабнама меоред. Як «ЗИЛ», ду Газел, ду «Љип», ду «Некси», чорта «Запорожец» ду трактор меоред.
Шовалї. Куштї– ку! Майли њамааш, дар ин замон чорта «Запорож»-а аз куљо меёбем?! Тўйро мегардонем! Ќонуни танзим чї мешавад? Худатон гап занед, холањо.
Химчагул. Ќонуни танзим ба тўњфа зид нест!
Навдагул. Барои арўс чи ќадаре ки лозим аст, тўњфа овардан гиред.
Шовалї. Нодуруст мегўед…
Кампирњо (тањдидкорона). Њоло њамин хел?!
Бабрак (аз паси дарахт пайдо шуда дањони ўро мепўшонад). Бас, таѓо. (Ба Сољида). Њамааш мешавад, холаљон. (Ба Шоњќул.) Ана, ба шумо як шамолтияки хурди батареягї аз Дубай барои ба сар шамол додан - дар чарогоњ хуб аст. Ба шумо, хола, як бузтарошаки љопонї аз Се-бай. (Ба кампирњо.) Рањмат ба шумо, аммањо. Тўњфаи мо бар шумо - як жевачка аз Чор-бай.
Аз дасти Шовалї кашида ба кўча мебароянд.
Шовалї. Оњ, золимњо…
Бабрак. Њарчи гуфтї, овардам, хонаатро пур кардам…
Шовалї. Тўйи калона сар мекунем. Њамту нолиш накунї, пўст мекананд!
Дасти њамдигарро фишурда ба ду тараф мераванд.
Агентњо чанд ќуттии калону хурдро меоранд. Дар яке аз онњо Сафар пинњон шудааст. Заррагул аз хона баромада ба љињоз менигарад ва ољизона эътироз мекунад.
Заррагул. Не, не, не. Чї лозим чунин љињоз?! Чї лозим ин фиреб, намоишкорї, хокпошињо ба чашм, ин њангома барои расидан ба маќсади нопок! Чи лозим ин тўй!?
Бо ин суханњо Заррагул беихтиёр назди ќуттие мерасад, ки Сафар дар он пинњон шудааст. Сафар нохост аз даруни ќуттї сар бардошта ба Заррагул салом медињад.
Сафар. Ассаломуалайкум. Азизам, Заррагулљон.
Заррагул (бо тарс банди дилашро дошта). Вий, ин чї бало буд?
Сафар. Натарс, ин ман…
Заррагул. Боз ту!? Фиребгар!
Сафар. Зарра, ба гапам гўш дењ…
Заррагул. На шири шутур хоњам, на рўйи Сафар!
Сафар. Мо бояд маслињат кунем.
Заррагул. Маслињата бо Коко Шанел бикун.
Сољида ва кампирњо меоянд, ба Заррагул либоси арўсї мепўшонанд.
Сољида. Рўзи умеду орзуњо расид, духтарам!
Заррагул. Не, не, не! Ман тўй намешавам! Њоло сабр кунед…
Сољида. Акнун дер шуд. Ин либоси бахти сафеда пўш. Ёрї дињед, холањо….
Химчагул. Биё, бачем. Бисмиллоњи рањмони рањим…
Навдагул. Бахт ёбї, тахт ёбї, моро њам дар гањворабандон фаромўш накунї.
Њама. Оллоњу Акбар!
Сољида. Маро шарманда накун, духтарам.
Зўран ба Химчагулш чодар партофта, ба хона медароранд.
Намоиши 4.
Назди ферма. Дар атрофи чашма, болои ферма расмњои рекламавии пансионат, шифогоњ ва ѓайра бо чанд забон. Хўсаи калонеро чун топ-модель гузоштаанд. Тањти мусиќии сулњ аз ду тараф Бабрак ва Коко Шанел меоянд. Ба њарду љоми шарбат меоранд. Чун нишони боварї љомњои худро ба якдигар медињанд.
Бабрак. Салом, Кокули Чаќќон, њоло Коко Шанел - шогирди дўстдорам.
Коко Шанел. Бонжур, Бабраки Шоњпаланг. Шерше ля фам…
Бабрак. Ёфтем «ширшўлафањма» – «зани чаќќона»: вай оњубарра – Заррагули љони ширин. Шоми шанбе тўй, марњамат кунед.
Коко Шанел. Аз Заррагулу аз тўйи вай чаќ-чаќ нашавад. Аз кор гап мезанем.
Бабрак. Кори ман ба Заррагул вобаста.
Коко Шанел. Вай моли ман аст.
Бабрак. Вале њаќи устодиву шогирдї чї мешавад.
Коко Шанел. Устоди азиз, Бабрак. Рањмат, ки ба ман кора ёд додед. Вале кора ман мекардам - ба бўзбалањои кумур барин «сафед» ман чашмак зада, лабама инљ карда, ба забони њабашї гап зада, имзошона мегирифтаму-у-у, њаќќи кор насиби шумо мешуд.
Бабрак. Мехостам ба ту як сюрприз кунам, вале кризиси љањонї халал расонд.
Коко Шанел. Сюрприза худам мекунам: Ферма аз они ман мешавад.
Бабрак. Аз фермаи холї чї фоида? Биё, ман дар ферма корвонсарой – гўё ки як намуди ресторани ќадимаи шарќї созам. Бо алови тапак чунон таъоме пазем, ки аз бўяш маст шаванд.
Коко Шанел. Маст шаванду дар њиммат паст нашаванд.
Бабрак. Албатта.
Коко Шанел. Вале ман дар ферма табобатгоњи шарќї месозам: шири говро барои дарди миён истифода мебарем, поруи говро ба љойи крем ба рўйи миљозњо мемолем, баъди вай аз саргини гов «биогаз»-у барќ истењсол мекунем. Шошаи гова ба љойи маводи анестизиологї барои бењуш кардан ва дармони пўст истифода мебарем, бо оби маъдании чашма умри одамњоро дароз мекунем.
Ин манзарањоро агентњо чун инсценировка намоиш медињанд: Агентњо хилъати сафед пўшида, пизишки санатория мешаванд. Хўсаеро, ки дар кунљ истодааст, пеш мекашанд. Зарфњоеро аз аробачаи кампирњо мебароранд, ки дар онњо «шир», «таппак», «шоша» навишта шудааст. Пизишкон ба рўи хўса таппак мезананду чун чун маводи релама рўяшро мегардонанд, як ќабати пардаи рўяшро мебардоранд, ки тозаву сафед шудааст. Бори дигар шошаро ба рўяш пошида, ќафо мегардонанд, пардаи дигарро аз рўяш мебардоранд, ки норинљї шудааст. Ќиёми ширро ба миёнаш мерезанд. Як лагад мезананду пойи худро дошта меафтанд. Яъне ки вай хеле мустањкам шудаасту пойи худи агентњо дард мекунад. Сипас бо ишора пул талаб мекунад, вале хўса бењуш шуда меафтад. Агентњо аз оби чашма чанд ќатра гирифта ба Химчагулш мерезанд. Бемор-хўса њушёр шуда рост мехезад.
Бабрак. Хайр, кўли Шуллука ба ман те.
Коко Шанел. Кўли Шуллук њам аз они ман мешавад. Дар кўли Шуллук барои одамњои хунвайрон санатория месозам, њама хунвайронњоя љамъ мекунам, ки хуни њаромашона шуллукњо макида гиранд.
Бабрак. Аз ин ба ту чї фоида?
Коко Шанел. Аз инљо хунашон тоза шуда мераванд.
Бабрак. Баъд бе хунвайронњо мо чї кор мекунем?
Коко Шанел. Охир ба ман дањ миллиона хориљињо барои њамин медињанд.
Бабрак. Ана барои чї ба ман фишор овардї! Ана, барои чї ба комиссия гапи ман намегузарад! Дањ миллион баробари як лашкар. Вале ман њам аз хориљињо пул мегирам. Мењмонхонаи чорситорадор месозам. Ба ту њам дар он љо офис медињам. Розї шав, Кокољон?
Коко Шанел. Ман худам як мењмонхонаи шашситорадор месозам. Ба инаш пули алоњида гирифтаам.
Бабрак. Биё, як кори савоб мекунем: мењмонхоная ман месозам, ту ба хўљаинат њисобот медињї. Пул дар кисаат мемонад.
Коко Шанел. Ошкор шавад-чї?
Бабрак. Мегўем, ки «фифти-фифти» шуд: панљоњфоизї таќсим кардем.
Коко Шанел. О, бало-е. Одами хондагї дигар.
Бабрак. Устод – устод аст.
Коко Шанел. Як ошёнааш офиси ман мешавад.
Бабрак. Ним ошёнааш.
Коко Шанел. Не, як ошёнаи пурра.
Бабрак. Уф. Барои њамин шуда, ту мана пешпо додан мехоњї? Ман розї. Гир. Лекин Сафара ба ман те. Вай бояд аз ин љо дафъ шуда ба Россияаш равад.
Коко Шанел. Пас аз ду рўз.
Бабрак. Чаро?
Коко Шанел. Барои њисобот даркор. Охир кори асосии ман њифзи њуќуќи зан. Барои њимояи Заррагул маљбурам.
Бабрак. Роњи ќонунии халосї њаст. Мегўї, ки вай «герчик» будааст.
Коко Шанел. Кї исбот мекунад?
Бабрак. Одамњои ман.
Коко Шанел. Шуд. Вай дигар ба ман даркор не.
Бабрак. Чака парто. Нохуни гург дорї-да, њама корат бобарор.
Коко Шанел (нўги чиликњояшро аз дастпўшаки љойи ангуштонаш сўрох мебарорад). Э, нохуни худам чї?
Бабрак (нохунњои ўро мебўсад). Аз нохуни њазор гург бењтар. Шогирди њаќиќии ман.
Агентњо низ дасти њамдигарро мефишоранд.
Коко Шанел (телефон мекунад). Сафар, зуд ба назди чашма биё. Ба Заррагул ёрии ту лозим шудааст.
Бабрак. Ташаккур, Коко. Созиши навро шустан даркор.
Шарбатњоро менўшанд ва аз дасти њамдигар гирифта, раќс карда мераванд
Намоиши 5.
Сари чашма.
Химчагул. Медонї, дар њамон шаби заминларза 999 зан пеш аз мўњлат таваллуд кардааст ба њазорумаш Созмони байналмилалии кўдакњои норасиди «Коко Шанел» мукофот таъин кардааст: ба Сибир мефиристодааст.
Навдагул. Э, гапи аз њама муњим медонї чї? - Бабрак ба тўй саросема шудааст!
Химчагул (антеннањояшро дуруст карда). Медонї, барои чї? - Аз Коко Шанел метарсад.
Навдагул. Њурмат мекунад, набошад, вай чї? – як пашшаи модина. Ана, бин.
Бабрак њамроњи агентњояш меояд.
Бабрак. Њоло, ки аз тадбири ман Коко хабар надорад, тўя буд кардан даркор. Дар тўйхона назорат карда гардеду шикам пур кунед.
Њарду. Итоат.
Бабрак (телефонаш занг мезанад). Лаббай… Эњње…
Агентњо. Тинљї њаст?
Бабрак (бо табъи хира). Коко ба боло хабарњои шум расондааст. Ман бояд равам. Ман њам зуд аз болои вай маълумот надињам, кор дўлоб мешавад.
Агентњо. Шумо рафтан гиред. Назорати ин кор дар гардани мо.
Бабрак (худ ба худ). Хазинаро ба љойи дигар бурдан даркор! Бе анбори пур аз хлопушка ман њељам, ним-одамам. Меравам халос мекунам! (Меравад).
Намоиши 6.
Дар њавлии Шоњќул маъракаи арўсбарон оѓоз шудааст. Њама интизор. Кампирњо меоянд. Зилзила ба њама келинсалом медињад.
Навдагул. Аз оши нањор мондем - ку?
Химчагул. Имрўз барќа аз соати дању панљоњу нўњуним даќиќа мекушанд! Барои њамин оши нањора тезонданд.
Навдагул. Барои чи мана хабар накарданд?
Химчагул. Ќонун иљозат намедињад.
Навдагул. Ба ман? Барои чї?
Химчагул. Фаќат хешњои наздик - 170 кас шуданд.
Навдагул. Ман њам хеш…
Химчагул. Ту яксаду панљоњу якум будї.
Навдагул. Ин хел бошад, ба маъракањои дигар њам намеравам.
Химчагул. Даррав мисли карасини авиатсионї дар нагир. Шўхї кардам. Њама маъракањо якта шудаанд. Мо њам нав омадем.
Навдагул. Хайр. Набошад чиро интизорем?
Химчагул. Домод дер мекунад.
Коко Шанел меояд.
Коко Шанел (ба кампирњо бо ишораи махсус) Фаромўш кардед? Домод се рўз боз дар мањбас.
Химчагул. Э, ња, охир домода мањкам кардаанд-ку!
Навдагул. Э, не-е?!
Химчагул. Э, ња-е! Ана, бо њамин ду чашми Химчагул дидам, ки милисањо ба сари кали ў як мушт фароварда, дастоша ба ќафо тоб дода, гирифта бурданд.
Шовалї, Сољида, наздик омада, гўш мекунанд ва нороњат мешаванд.
Сољида. Рост аст оё, акаљон? Бабрак шудааст зиндон?
Шовалї. Дуруст аст аз афти кор…
Сољида. Ёрии шумо даркор, ки барояд аз турма…
Шовалї . Ягон кори вазнинтар нест? Ман куљову милиса куљо?
Сољида. Як маслињат, акаљон: Заррагул аз аввал номзади писратон буд, ба писаратон келин кунед. Набошад, ин ошу нон исроф мешавад.
Шовалї. Пакана аст Тиллобойи ман, намеарзад ба ин тўй. Ин як. Пули сарфкардаи Бабрака вай дода наметавонад. Ду. Бабрак гўри мана меканад. Ин се!
Њама. Рост!
Коко Шанел. Маслињатчаи дигар. Хоњед, гиред, нахоњед, не.
Њама. Хўш, хўш.
Коко Шанел. Як домоди дигар ёфтан лозим.
Шовалї. Э, дар ин вазъият домоди соќи пулдор аз куљо!?
Коко Шанел. Як ёрдамчї дорам, бекор гаштааст, њамона домод кунем.
Шовалї. Пул дорад?
Коко Шанел. Ёрдамчии ман аст, албатта, дорад.
Шовалї. Сахиву дасткушод аст?
Коко Шанел. Албатта.
Њама. Вай кист?
Коко Шанел. Марди мардон…
Њама. И-и-и-и
Коко Шанел. …ошиќи печон…
Њама. А-а-а-а.
Коко Шанел…. бењтарин инсон --…
Њама. У-уу-у.
Коко Шанел. … Сафарљон!
Њама. Вввоњ!
Њама. Рост…
Шовалї. Илољи дигар нест? Уф… Ман розї.
Кампирњо. Кушоиши кор. Омин.
Њама дастњо ба рўй мекашанд Шовалї меравад.
Сољида (ба Коко Шанел). Рањмат, хоњарљон. Илоњї, ту хам бахт бинї.
Сољида . Хока гирї зар шавад.
Коко Шанел. Гапатон дар забонатон асал шавад,
Коко Шанел. Њамроњ хоки кўчая зар мекунем:
Сољида. Чи хел? - Гуманитарка медињї?
Коко Шанел. Ваќте ки одамони Бабрак меоянд, гўед, ки њавлиатона фаќат ба ман мефурўшед.
Сољида. Э, не-е. Кї гуфт, ки ман мефурўшам!?
Коко Шанел. Инља мавзеи табобату истироњат мешавад. (Саќич медињад). Гиред, ин хаќи шумо.
Сољида. Ин њавлии ман, ба худам даркор.
Коко Шанел. Њуљљатњои ман тахт, Бабрак њам даводав дорад.
Сољида. Эњња, хестї, ки хобї. Барои њамин ба дарам каниз шудї?
Коко Шанел. Ба шумо шумо фарќаш чї, ки ба кї медињед.
Сољида. Ба њељ кас намедињам.
Коко Шанел. Хоњед-нахоњед, медињед. Масъала дар боло њал шудагї.
Коко Шанел (саќич медињад). Гиред, ин хаќи шумо.
Сољида (ба замин мепартояд). Ба ман ришва даркор не.
Коко Шанел. Хуб. Ихтиёратон. Ман ба фоидаи шумо гуфтам. Њама розї. Шумо њам пас аз ним сол, хоњед - нахоњед, мекўчед. Њамаатон мекўчед.
Сољида. Ман ба њукумат арз мекунам.
Коко Шанел. Бефоида. Касе пул дорад, њамаро мехарад.
Сољида. Давлат дасти шумо, капиталистчањои навбаромада, калта мекунад.
Коко Шанел. Мебинем. (Меравад.)
Сољида. Мо дида – дида њамин ќадар шудем. Боз мебинем. (Бо ќањр меравад).
Навдагул. Э, ин Коко Шанел бало будааст-ку!
Химчагул. Бо маймунбозии вай Заррагул насиби Сафарча шуд!
Навдагул. Э, э, э, бин, вай кї? - Бабрак нест!?
Химчагул. Номи балоя нагир, ки худаш меояд.
Коко Шанел ба муњофизони Бабрак – Агентњо ишораи махсус мекунад. Онњо давида меоянд. Коко саќичњои ба замин партофтаи Сољидаро љамъ карда мегирад.
Коко Шанел. Њой бекорхўљањо!
Агентњо. Лаббай.
Коко Шанел. Амалиёти «ИКС»! Сар кунед.
Агентњо. И-и-и-и…
Коко Шанел. Гиред, зуккахўрњо. (Саќич медињад)
Агентњо. Итоат. (Саќичњоро ба дањон партофта мераванд).
Сари чашма. Мусиќии хавфу хатар. Сафар меояд.
Агентњо аз ду тараф омада, бегап ўро медоранд.
Сафар. Шумо чї мехоњед? Њозир муњофизони ман меоянд.
Агентњо. Ба гапи мо гўш дењ.
Сафар. Аз ман чї мехоњед?
Агентњо. Аз Заррагул даст мекашї. Як.
Сафар. Не.
Агентњо. Аз ин љо баромада меравї. Ана ин чиптаи ќатора ба Россия - Ду.
Сафар. Не.
Агентњо. Набошад, бо њама хайрухуш мекунї.
Сафар. Хобатона ба об гўед! Ман арз мекунам.
Агентњо. Ба кї?
Сафар. Ба ООН! Ба воситаи ташкилоти Коко Шанел.
Агентњо. Ња-ња-ња. (Сафарро мекўбанд).
Сафар. Номардњо.
Чанд нафар љамъ шуда бо ханда тамошо мекунанд.
Кампирњо. Воњ, чи хел зўр мезананд-е!
Химчагул. Барои чї мезанед?
Агентњо. Ин як нашъаљаллоб аст. Ин як нашъаќаллоб аст.
Сафар. Не, не. Дурўѓ мегўянд. Маќсади инњо дигар…
Агентњо аз ин суханронии ў истифода бурда, ба кисааш нашъа меандозанд,
Агентњо. Ана, дар кисааш гера!
Сафар. Дурўѓ. Ин кора худашон ташкил карданд.
Агентњо. Доимо пинњон карда мегаштї. Акнун халосї надорї
Кампирњо. Як бор љастї, малахак, ду бор љастї, малахак, охир ба дастї, малахак! Корат чатоќ шуд, бача.
Сафар. Ман соњиби зўр дорам. Маро халос мекунад.
Бисёр касон мебароянд, аз он љумла, Заррагул њам. Њамаро мешунавад.
Агентњо. Соњибат кї?
Сафар. Коко Шанел.
Агентњо. Коко туро ба Русия бурд?
Сафар. Бале.
Агентњо. Коко туро боз овард, ба кор гирифт? Маоши наѓз медињад?
Сафар. Бале.
Агентњо. Туро дўст медорад?
Сафар. Мисли апа, мисли модар.
Агентњо. Пас, шумо њарду нашъаљаллобї мекунед. Аз болои Коко Шанел њам параванда кушода, ўро њам бо нашъаљаллобї муттањам мекунем.
Сафар. Э, не, не. Ба Коко даст нарасонед.
Агентњо. Дилат ба ў месўзад. Пас, ту ўро дўст медорї?
Сафар. Аз ў бењтар касе нест.
Заррагул. Оњњо… (Рўй пўшида меравад.)
Агентњо. Ба њама гуноњаш иќрор шуд. Мебарем ба мањбас.
Сафар. Не, не, ман бегуноњам.
Ба дастони Сафар кишан зада мебаранд.
Кампирњо зуд ба њама љор мезананд.
Химчагул. Урра! Хабари нав!
Навдагул. Сафарча бо дањ кило нашъа ба даст афтид!
Химчагул. Сафарчаро њамроњи хушдораш Коко Шанел баста бурданд…
Заррагул дар як гўша бо либоси оддї рўй пинњон карда меояд.
Заррагул.
Ман киям? Як ошиќи саргаштаям,
Ќисматам бо дасти худ бинвиштаям.
Ишќи поки хештанро куштаам,
То абад дар хуни ишќ оѓуштаам!
Чист дигар дар љањон тадбири ман?
Лоиќи нафрин бувад таќдири ман!
Рўњи поки Лайливу Љулйеттањо
Љовидон бошанд домангири ман!
Ку тасаллое, ки бар виљдон дињам?
Ку љавобе, бар дилу имон дињам?
Ман, ки ишќи поки худро куштаам,
Хунбањои ишќ бояд љон дињам!
Аз паяш Мушкия меояд.
Мушкия. Куљо шудї, Зарра?
Заррагул. Дилам аз њама хунук шуд. (Мактубро дар љойи намоён мемонад.) Ба ман дигар зиндагї даркор нест! Маро дигар наљўед. Ман дигар зистан намехоњам!
Шитобон рафт. Мушкия омад. Мактубро ёфта зуд назди падараш гуфт.
Мушкия. Дада, Заррагул худаша кушт!
Шовалї. Чї—и-ї!?
Мушкия. Ана хаташ…
Шовалї. Бало зад... Хап шин. Хата ба њељ кас нишон нате.
Бабрак меоянд. Шовалї таъзимкунон пеши ў меояд.
Бабрак. Кї гуфт, ки мана бурда њабс карданд? (Њама хомўш.) Ту? Ту? Маро њабс мекардагї њоло аз очаљонаш таваллуд нашудааст! Фањмидед? Арўса бароред.
Шовалї. Камтараки дигар сабр кун, маросимњо вайрон нашавад.
Бабрак. Маросимњоро танзим кунед, яъне кўтоњ кунед.
Шовалї. Хуб, хуб. Ту инља чой нўшида шин.
Бабрак. Ман чоя бас кардагї.
Шовалї. Ба домоди бузург коняк биёред.
Химчагул. Ман хидмат мекунам…
Ба Бабрак хидмат мерасонанд.
Шовалї зуд Шоњќулро ба як тараф кашида гўшакї мекунад.
Шовалї. Язнаљон, як маслињат: кор њамин тавр равад, фаќат ман зарар мебинам. Њама пулњои барои тўй аз Бабрак гирифтаам дар гардани ман мемонад. Биёед, ба љойи Заррагул духтари худам Мушкияро ба Бабрак никоњ карда дињем.
Шоњќул. Нафањмидам. Чї мегўї!?
Шовалї. Либоси арўсиаш тайёр. Бабрака маст мекунем, аз куљо мефањмад, ки арўси бараш кист…
Шоњќул. Девона шудї? Мушкия - зани никоњии писари ман - љияни худат.
Шовалї. Э, барои харољоти кардагиат ман аз њисоби пули Бабрак ба бачаи ту ягон калу кўри дигара харида медињам. Бачаат чор сол боз дар Руссия, зани урус гирифтагї. Дар ин вазъияти ба ман мушкил шумо як бор некї кунед.
Шоњќул. Аслан, аз аввал ман зидди њамин писари ту будам. Лекин ту мани чўпона гаранг кардї. Аз рўзи аввал духтари ту пайи ќадам накард: њамон рўзи тўй як бузама гург хўрда буд. Чор сол боз якта фарзанд нашудааст. Њол он, ки як гўсфанди ман соле чорта барра меињад! Сабабаш чї?
Шовалї. Э, чўпон, ту гўсфанда бо инсон баробар мекунї!?
Шоњќул. Њамааш махлуќи худо…
Шовалї. Сабаб дар он, ки писари ту се сол боз дар Россия дар ба дар мегардад.
Шоњќул. Не, сабаб- никоњи хешони наздик. Бар духтарата. Хас каму љањон пок.
Шовалї. Ана барои ин, рањмат, язнаљон. Масъала њал! Мушкия!
Мушкия. Лаббай, дадаљон.
Шовалї. Инља биё…
Шоњќул. Лекин исто, ту мани чўпона боз гаранг кардї: О, њамин масхарабозї барои чї даркор?!
Сољида (њам назди онњо меояд). Чї, ин ќадар шов-шов мекунед?
Шовалї. Чи кор кунем? Замин сахт, осмон баланд. Духтарат… рањматї шуд.
Кампирњо ба гирди ў љамъ мешаванд.
Сољида. Кї гуфт?
Мушкия. Ана мактубаш.
Сољида (мехонад). «Маро дигар наљўед. Ман дигар дар байни шумо зистан намехоњам! Мехоњам моњї шаваму ба уќёнусњои калон равам… (Аз њуш меравад.)
Кампирњо. Уууввв!!!
Химчагул. Вай худаша кушт!
Навдагул. Бо ана њамин ду чашмам дидам!
Шоњќул. Вой, духтарам!
Сољида. Оњ, духтаракам! Ман бо њамин њусну љамол, бо њамаи њунарњоям дар хонаи шўям рўзї надидам: ишќ гуфта, ба як чўпонбачаи бекафан расидаму, як умр аз мўњтољию нодорї азоб кашидам, серию пурии дигар занњои њамсоламро медидаму месўхтам, њавасњои нашикастаам маро бараваќт пир кард, бо сўзану ришта тин ба тин љамъ карда туро калон кардам, ки аз њељ кас кам набошї. Барои њамин ба писари акаи боям доданї будам, ки ту хушбахт шавї. Ваќте ки Бабраки гўрсўхта талабгорат шуд, хотирљамъ шудам, ки акнун дар зиндагї рўи камию мўњтољиро намебинї, хонаву дарат обод, хотират љамъ мешавад, он чи ман надидам, ту мебинї. Вале аз куљо донам, ки дили нозпарвари ту ин ќадар нозук будааст. Оњ, духтарам, очаи соддаатро бубахш. Ту гуфта будї, ки норозї њастї, вале ман гумон надоштам, ки кор ба ин дараља мерасад. Духтарам, ман медонам ту дар куљої. Ман пеши ту меравам!
Сољида ба тарафи чашма тохт, Шоњќул њам аз ќафои ў рафт.
Химчагул. Акнун чї мешавад?
Навдагул (Ба Шовалї). Тўя хобондан даркор.
Шовалї. Мефањмам. Мо њам инсон. Марњума љиянам мешуд. Лекин њељ кас парво надорад, ки пулњои сарфкардаи ман чї мешавад! Агар Бабрак фањмад, кор чатоќ мешавад. Гўш кунед, холањо, љаноза бегоњ мешавад, тўйи мо пешин. Мурдањоро худо омурзиш кунад, вале ѓами зиндањоро хўрдан даркор. Аз шумо хоњиш, раќсу таронаро давом дињед.
Кампирњо. Чї илољ?
Шовалї зуд пеши духтараш Мушкия меояд.
Шовалї. Мушкия!
Мушкия (келинсалом медињад). Ассалом…
Шовалї. Зуд либоси арўсии Заррагула пўшу… Э, не. Ту худат доим дар либоси арўсї - тайёр. Ба љойи Заррагул таги чодар даромада ист.
Мушкия. Итоат.
Мушкия таги чодар медарояд.
Шовалї бо тантана назди Бабрак меравад.
Шовалї. Ана, Бабракљон, њама тайёр, арўс тайёр, фаќат бароварданаш монд.
Бабрак. Бароред.
Шовалї. Не, аввал ба ин коѓазњо имзота мон.
Бабрак. Биёр. (Имзо гузошт.)
Шовалї. Њуљљањои кафолати хонањома баргардон.
Бабрак. Ана. (Медињад.)
Шовалї. Офарин. Ана акнун мо њисобї шудем. Марњамат, ба пеши арўс…
Мусиќии арўсбаророн. Бабрак мастона омада чодари рўйи арўсро мебардорад.
Бабрак. Канї, кани…
Мушкия. Ассалому алайкум…
Бабрак. И-и-е-еъ! О, инннн Заррагул нест-ку!?
Мушкия. Ассалому алайкум…
Шовалї. Шумо маст шудед, Бабракљон… Зиёдтар гирифтаед, њељ гап не…
Бабрак. Заррагул канї?!
Агентхо давида меоянд. Раъду барќ.
Агентхо. Гурехт! Сафар гурехт!
Бабрак. Чи-и-и!?
Замин меларзад. Сафар бо рўйи хуншор меояд. Њама дар њайрат.
Сафар. Оњ, Заррагул, куљої ту!? Куљо рафтї?! Чаро бе ман рафтї!?
Химчагул. Туро сар доданд?
Сафар. Не. Мардум. Донед, ки ин агентњо ёварони Бабраканд. Заррагул куљост? Росташро гўед!
Шовали (мактубашро медихад). Ана, бин.
Сафар. Оњ… Ањ… Ман њам дигар дар байни шумо зистан намехоњам. Шумо одил нестед, ба ѓами якдигар бепарвоед, рўњияи ѓуломї шуморо пеш аз марги табиї куштааст! Шумо фаќат тамошобинед, ќудрати ба бечорае даст доданро надоред. (Њамаро гунањгор мекунад.) Ту њам. Ту њам. Ту њам. Њоло ман фаќат як чиз мехоњам: ба ман нишон дињед ќурбонии муњаббатро: Куљост љасади Заррагул, ки дар пеши ў дили ошиќамро зарра-зара пора-пора карда, ќурбон созам. Куљост Заррагул? Ман мехоњам худро дар пеши љасади Заррагул кушам.
Модар аз дасти Заррагул кашола карда меояд. Њама ба ў бо њайрат менигаранд.
Сољида. Худаша дар оби канал партофтааст, ки ѓарќ кунад. Хайрият, ки оби чашмаро бастанд, оби канал паст шуда, духтарам ѓарќ нашудааст.
Замин меларзад. Њама дар љойи худ шах мешаванд.
Овоз. Диќќат, диќќат! Њама аз љой наљунбед. Дар байни шумо чанд љинояткори хавфнок њаст, ки доим аз дасти муњофизони ќонун мегурезанд. Вале ба даст афтодед. Сержант Химчагул Олучаева!
Химчагул. Ман!
Овоз. Маълумоти сариваќт додаи шумо кори тафтишотро осон кард. Гунањгоронро кишан занед, бо ихтиёри худ даст бардошта ба назди мо бароянд. Њоло замин дар њаќиќат меларзад. Дар зери пойи гунањгорон меларзад! Оњиста ба сањна бароед. Тамошобинони азиз, азбаски намоишнома барпо нашуд, њамин «Шов-шов»-ро дар рўзњои наздик пешкаши шумо мекунем, ба эълонњо таваљљўњ намоед. Бо мо бошед…
Парда.
Свидетельство о публикации №223031901131