Хидояти кудсиён. Носири Хусрав. драмаи таърихи. то
(драма)
Иштироккунандагон:
Носири Хусрави Ќубодиёнї.
Њотифи ѓайбї.
Султон - бо андаке тафриќа дар либос ё нишони давлаташ – дар симои Султони Марв, Аъзами Миср, Њокими диёри Алоњида, Малики Бадахшон падид меояд.
Фаќењи 1.
Фаќењи 2.
Ноњид- тимсоли зани зебо, ки дар њар мулк мављуд аст.
Ду Фаришта - муваккалон, барандагони амалиёт.
Нотуси Маѓрибї - шогирдпеша, воиз.
Мулњиди Хуросонї.
Марди Хуросонї.
Мўзадўзи Нишопурї.
Дар сањнањои умумї - сарбозон, дарвешон, фуќањо, мардум.
Воќеаи солњои 1040-1089.
ПРОЛОГ
Пеш аз оѓози амалиёт овози Носири Хусрав садо медињад.
Овози Носири Хусрав.
Ба номи парвардигори поки додор,
Ки њаст аз фикру фањму аќл бартар.
Њам ў аввал, њам ў охир зи мабдоъ,
На аввал буд, на охир мар ўро.
Наёрам васфи ў бурдан, наёрам,
Ман ин сармоя дар хотир надорам.
Забон аз васфи тавњидаш забун аст,
Ки аз вањму хаёли мо бурун аст....
Сањна пайваста торик мешавад. Садоњои гуногуни вањмангез. Ду фаришта дар нимторикї муттасил сањнаро ба ду ѓор мубаддал мегардонанд, ки муќобили њамдигар аз ду тарафи сањна љой мегиранд. Бо ишораи фариштањо мардум аз як ѓор баромада ба ѓори дигар медароянд. Њаракати онњо чун њаракати занбўру магасњост. Дар байн чанд чизи рамзист: Нони Бузург - њама ба вай дањон мезананд, ба касе муяссар мешавад, ки онро дандон кунад, баъзењо њатто як луќма мегазанд, вале зуд аз даст дода мераванд ва Нони Бузург њаргиз на кам мешавад, на таѓйир меёбад, дигар Олиња Ноњид аст, зебову нимаурёну фатону дилкаш - њама ба ў дастдарозї мекунанд, баъзењо ба даст, пой, мўй ва њатто нохуни пояш даст мерасонанд, вале њамон лањза суст шуда ба ѓори фано парида мераванд: Тахти Бузург - њама бо шўру фиѓон барои ба он савор шудан мекўшанд, баъзе чун варзишгар парида болояш мебароянд, вале баробари ба он баромадан њамон тавр парвозкунон ба ѓори Фано мераванд, бархе њамкасонро зинда ба зинда чун зинањо гузошта, болояшон баромада, пой бар тахт мегузоранд, вале њамоно нагунсор меафтанд, бархе аз он «зинањо» худ ба тахт мебароянд вале аз љониби «зинањои» дигар аз Тахт дур карда мешаванд. Бархе дурудароз дар сањна гашта оќибат бемамониат ба ѓори Фано мераванд. Бархе аз ѓори Фано дубора баромадан мехоњанд, вале Фариштаи муваккал ўро баргардонида ба Ѓори Фано тела медињад. Шўру фиѓон, ханда нола, раъду барќ. Носири Хусрав меояд, мунољот мекунад.
Носири Хусрав.
Љањоно, љодуї, ё.. деврангї?
Гање румит бинам, гоњ зангї! -
Ба ранги лўъбати дилхоњ монї,
Ки ту пайваста бар як сон намонї!
Кунад моро дар ин гардиш асарњо,
Расад моро аз эшон хайру шаррњо.
Яке аз чоњ афтад дар таги чоњ,
Яке аз чоњ ояд бар сари чоњ.
Яке бас бењунар - мол аз адад беш,
Яке бо сад њунар - дарвеши дилреш.
Яке бодониш асту илм - бадњол,
Яке бедониш асту илм - хушњол.
Бигардї њар замон бар ранги дигар,
Барорї њар замон оњанги дигар.
Ту додї мулки Кайхусравро ба Хусрав,
Куњан кардї бузургонрову худ нав.
На осої, на кас осуда аз ту,
На худ соиву мо фарсуда аз ту.
Надонад сирри инро ѓайри яздон,
Ту аз ман ёд гир ин панду бархон.
Агар илмат ба њикмат роњ ёбад,
Зи илми њикматаш огоњ ёбад.
Зи Њуљљат ин суханро ёд медор,
Ки дар Юмгон нишаста подшоњвор...
НАМОИШИ 1.
Фариштањо сањнаро бо андаке таѓйирот ба хонаи Ноњид мубаддал мекунанд. Носири Хусрав меояд. Ноњид дар тан либоси њарир, пеши рањаш гул мегузорад ва дар ќадамаш саљда мекунад, барбат навохта таронаи муњаббат мехонад.
Ноњид. Биё, ай хољаи бузургвори ман! Биё, боиси наљоти ман!
Носир. Дуруд, ай Ноњиди рашки љањон.
Ноњид. Биё, ки сар дар ќадамат нисор кунам! Биё, ки аз барои њаќќи хизмати ту ољизам! Биё, ки дилу љони ман фидоят бод! Биё, ки дилдодаи фањму афкори туям, дилдодаи шеъри дилљўи туям! Биёву бо каромоти худ шоми тори кулбаи дили маро рўшної бахшой! Ман канизи камтарини туям!
Носир. Мањол магўй, Ноњид. Ѓайри осоиши ту чизи дигаре нахоњам.
Ноњид. Ай бузургвор! Агар дирўз ту маро аз дасти он турки љафопешаи маккори бадкирдор, ки бо бањонаи њаќќи андоз ба номуси ман таљовуз кардан мехост, озод намекардї, мани берўзии булѓор дар ин мулки ноошно сарсону бадбахт мешудам! Љавонмардї ва олињимматии ту ба ман имкон дод, ки боз чанде дар ин гулшан бимонам. Ва ман як умр худро ѓулому канизи ту медонам!
Носир. Ай парї, турки амлокдор ба хости фармудаи амир амал накард, ман хатои ўро ислоњ кардам. Ин вазифаи ман аст.
Ноњид. Он турк дев буд, ту фариштаї ва рањо кардї маро аз шарри девон!
Носир. Мањол магўй. Худованд аввал њамаи моро фаришта офарида буд. Иблис њам аз љумлаи фариштагон буд, чун бо фармони худой ба Одам саљда накард, осї шуд, ва сипас девон падид омаданд.
Ноњид. Пас худованд фариштае офарида мисли ту ва деве чун амлокдор!?
Носир. Дев офаридаи худованд нест, балки љамеъи нафсњои ѓазабиву шањватњои њиссии мост. Амалу рафтори осиёна инсонро ба дев мубаддал гардонад.
Ноњид. Пас, мо њам девем, њам фаришта?
Носир. На, асли мо фаришта аст! Агар нафси худро саришта кунем, деви нафси ѓазабиву њисси шањвониро саркўб кунем, нафси сухангўи шарифро воло кунем- инсони комил шавем. Дар акси њол абадуддањр деви бадкирдор бимонем!
Ноњид. Пас, ту марди комил ва шариф њастї, фаришта њастї. Зеро ки маро аз бешарафї наљот бахшидї, ба ман озодї ато кардї!
Носир. Дасти корафтодае гирифтан - аз барои худост.
Ноњид. Ту маро камоли инсонї бахшидї. Аммо дар дилам муњаббати ту љой шуда бе љамоли ту бо ин озодї ин олам чун ќафаси танги зањрогин менамояд! Њар гањ, ки туро бинам, мурѓи дилам аз ќафаси танг рањо ёбад, њар гањ ки овози туро шунавам, рашъа дар љонам дамад, њар гањ ки туро ёд кунам, дар њасрати њаваси дидор љисму љонам саросар оташ гирад!
Носир. Мањол магўй, ай парї.
Ноњид. Танњо њузури ту мояи њаёти љовидонист, танњо канизии ту - озодист!
Носир. Бањои некие талаб кардани нафсу тани ту амали Носир нест!
Ноњид. Ай бузургвор, донам, ки ту њам дили њассосе дорї ва њоло дур аз аёлу хонадонат оњи љигарсўз мекашї ва донам, ки дар дили ту њам порае аз муњаббати илоњї љой шуда ва давои ин дард якест- муњаббати љавобї! Пас, дил хуш бидор, ки ёрон љамъанд ва њама асбоби айш муњайёст!
Носир. Ай парї, банда дар Ќубодиёни шариф ва Балхи бостон ва њар куљое будам, аз ќуту айш, ѓулому каниз хону иззати мувофиќ бархурдор будам, аммо њамаро гузошта ба Марви шоњиљањон омадам, ки њаќиќатро дарёбам!
Ноњид. Њаќиќат љустї ва ба дарёи дамони муњаббат афтодї! Муњаббат низ њаќ аст! Муњаббати асил гуноњ нест! Шароби муњаббати љовидонї бихўр!
Носир. Оњ, Ноњид! Дил аз ихтиёр берун меравад, аммо љустани мукофот ба подоши некї маслињат нест.
Ноњид. Охир ман њам хоњони муњаббати туям. Ман њам туро аз дилу љон мехоњам! Муњаббат атои илоњист! Муњаббат гуноњ нест.
Носир. Ай духтари булѓории озод! Ай ситораи заминї! Меписандам писандида кардани туро ва муњаббати туро. Шукри бењад худованди азза ва љаллро ки дар дили ту шўълаи муњаббатро љой додааст.
Ноњид. Пас биёву нўш бикун айши љовидониро! Пас чустї куну чолокї!
Ноњид мусиќї навохта сабук, чун фаришта гирди Носир мераќсад, шароб медињад. Њама гуворо, манзари бињиштосое.
Носир. Худоё! Садои аљибе мешунавам! (Хавотиромез аз љой мехезад.)
Ноњид. Осуда бош, ин садои ќалби туст, ки муњаббат мехоњад. Тунд бош...
Носир. На, ин чизи дигар аст. Мебинї? Мешунавї?
Ноњид. Ман танњо туро мебинам, танњо туро мешунавам.
Носир. Ай парї, хомўш шав. Гўш ба овози ѓайб дењ...
Садои раъду барќ. Овози Њотифи Ѓайбї баланд мешавад, вале ўро танњо Носири Хусрав мешунавад. Сањна нимторик мешавад.
Њотифи Ѓайбї. Ай Носири Хусрав! Ай марди хирад! Ай љўяндаи адлу инсони комил ва њаќиќат! Ба чї нишастаї дар банди њалокату зулмат? Магар барои њамин људо шудї аз аёлу фарзанд, аз љоњу љалоли Балх ва гулистонњои Ќубодиён ва печида шудї дар хористони ѓорњои Марв? Дар банди наљосат љустани мояи айш барои марди хирад мувофиќ нест! Чашми хирад бикушой!
Носир. Бузургтарин хирадмандон њам гоњо дар кори худ ољиз монанд. Бигўй, маро чї мебояд кард?
Њотиф. Адли љањон ва њаќиќати илоњиро љои дигар биљўй!
Носир. Куљост он?
Њотиф. Дар њама љой. Вале њар он чи ту мебинї, зоњир аст, бар ботини инњо нигар ва асли њамаро дарёб!
Носир. Чї гуна ба ин муваффаќ шавам?
Њотиф. Чашми хирад бикушой.
Носир (бо ду даст сарашро медорад) Худоё, чизеро намебинам!
Њотиф. Чашми дил бикушой!
Носир. Намебинам! Намебинам. Њама љой торикии пурбим аст!
Њотиф. Ба ёд овар он чї, ки тавассути он њосил кардї нури маърифатро, таълимоти расулони барњаќро - «Аввал-ал-илм Маърифат-ул-љабборро»! Ба ёд овар «Ќуръони Маљид»-и Муњаммади Мустафоро! «Таврот»-и Мўсоро! «Инљил»-и Исоро! «Забур»-и Довудро! Ба ёд овар кутуби «Сирри самови»-ро! «Кашф-ул-кабир»-ро! Ба ёд ор муаллими аввал Шамсулќайсро! Муаллими дуввум Шимуронисро! Муаллими саввум Батламиюсро! Луќои Балбакиро! Арастуро! Афлотунро! Ибни Синоро!
Сањна андак равшан мешавад. Манзараи маѓшуше: хона ѓори муќаррарие шуда. Ноњид пораи гили хушкидаву маѓорбастае. Косањои мунаќќаш-косахонаи сари одамизод аст, ки дарунаш мору мўри хушкидаву гандида.
Носир. Ёдам омад он њама ва аз дањшати зулмот андак осоиш ёфтам.
Њотиф. Бале, дар чашмонат нуре падид омад. Бибин, то чї мебинї?
Носир. Худоё! Порањои гили хушкида, ѓори маѓшуше љои нуќлу наво- мору мўри хушкидаву гандида. Худоё, ин гили хушкидаву маѓорбаста магар њамон Ноњиди соњибљамоли рашки Шамсу Ќамар аст?
Њотиф. Бале, оне, ки мехоњї нўши љон бикунї, пасмондаи Кайхусраву Кисрои бостонист. Оне, ки мањрами розаш кардан мехостї, аъљузаи садњазорсолаест, ки аз даври Каюмарсу Љамшеду Зањњоки Морон монда ва њазор андар њазор мардони хирад дар банди ѓабѓаби симину пистони норинљии вай дармонда аз асли њаќ ноогањ бимонданд ва матое аз рўшної бо худ набурданд. Ин љойгањи хушбоду њавои латифу зариф мазори садњазорсолаи ниёгон аст ва он рангњои њарир аз дурахши мардумаки чашми њазорон нигори дар ин мазор нуњуфта бошад! Ана, мояи айши инљањонии ту чист!?
Носир. Пас, худи ман кистам ва аз бањри чистам?
Њотиф. Ту нури Аќли Кулл њастї, ту давоми орзуњо ва наљобатњои ањли хирад њастї ва бояд њаќиќат ва асли хирад биљўї, зеро ки туро Ў интихоб кардааст!
Носир. Чаро ин манзарро хаёлан медонистам, вале ба чашм намедидам?
Њотиф. Зеро ки байни Нафси Нотиќаву Нафси Ѓазабї талоши азалист. Ваќте ки банда аз чоњи адам ба вуљуд меояд, аз Аќли нотиќа орист бар манзалати гиёњ аст ва танњо ќад мекашад: дар наврасї дар фикри либоси фохиру хўрдан меафтад, ки низ на мувофиќи Аќли Нотиќа аст ва бар манзалати њайвон аст. Аз он пас агар ба Аќли Нотиќаву маърифати кулл майл кунад ва аз мушкилоти ин љода нањаросад, ќаноат кунад, ба мартабаи инсонї расад. Вале агар љањлу кибр, њавою љисми бечораи ўро фаро гирад, садсола њам шавад, аз камоли инсонї дур монад ва пайваста дар зулмоти љањл дармонад ва Нафси Нотиќаи ў чу дурре миёни саргин, чу ёќуте миёни наљосат ва њабашие миёни румї бозмонда рўњи воло хароб шавад: Аќл муќаддар шавад ва гурезад аз љисм; ва ахлоќи њасана равад аз љисм! Ту, ки марди хирадї, марди њикматї, мебояд, ки бо хилват унс гирї, лўлўи вањдатро аз машруба ва ёќути дилро аз наљосат људо кунї ва рўњи поки худ аз љањли мураккаби љисм рањо кунї!
Носир (пас аз андеша). Ба иќболи њазрати зулљалол, рањо кардам!
Њотиф. Пас, бидон, ки ќадами ту муборак гашт ва расидї ба мадори ќудсия ва тулўъ кард шамси саодат аз бурљи иќболи ту.
Носир. Маро чї мебояд кард?
Њотиф. Сафар бикун ва дарёб наљобатњои аслии худованди азза ва љаллро, њикмати Мусњафи муќаддасро! Дарёб худрову худоро!
Носир. Вале њама љой зулмот мебинам. Ин зулмот охир дорад, ё на?
Њотиф. Ту њоло нишастаї. Бархезу бирав, то ба рўшної бирасї!
Носир. Зулмот андар зулмот мебинам! Њама гирдоби фано мебинам!
Њотиф. Ин зулмоти туст. Ин зулмот дар љисми туст. Ваќте аз зулмот наљот ёбї, ки аз худ даргузарї! Сафар бикун, аз љисми зулмонии худ берун шав, то ба гарди њаќиќат расї! (Шамъ дар даст равон мешавад.)
Носир. Ту кистї, ай Њотифи ѓайбї? Туро дар куљое дидаам!
Њотиф. Замоне ки људо шудї аз зулмоти љисми худ ва расидї ба салтанати Аќли Нотика, он гањ маро бишносї ва донї, ки ман кистам! (Меравад.)
Носир. Зулмот андар зулмот мебинам! (Гирди сањна чарх мезанад.)
ИНТЕРМЕДИЯИ 1.
Дар нимторикии ѓор ду кўр бо њам мегузаранд. Яке даст бар турбаи дигар мебарад ва дуввумї зари љайби аввалро медуздад. Њарду ба фиѓон омада дод мепурсанд.
Кўрњо. Эй худо, адолат ку? Эй худо њаќиќат ку? Зари маро дуздид!
Носир. Эй худоношиносон, бедодї аз шумост, ки бо вуљуди ољизї ба худ љазои бештаре додед ва ба дуздї худро муттањам кардед! Пас адл пурсидани шумо аз худованд бањри чист?!
Овози Њотифи Ѓайбї. Бењуда итоб макун. Инњо овози туро намешунаванд. Аз инњо даргузар, ки ба сурат одамиянду ба сират њайвонанд!
Носир. Аљаб аст, ки њатто ољиз бар ољизе шафќат надорад!
Њотиф. Дар ин љуфти муносиб чї мебинї?
Љуфте зану марди хушсурат даст аз дасти њам гирифта меоянд. Гумони ѓолиб он аст, ки дар муњаббати њамдигар тайёранд љон бисупоранд, аммо зан даст ба љайби мард бурда динорњояшро меситонад. Мард ин лањза даст ба ѓабѓаби зан бурда њалќаву гўшворњои тиллояшро медуздад.
Носир. Худоё, муњаббат низ воситаи ба даст овардани зару мол шудааст!
Њотиф. Бештар аз он низ гуноње њаст: ба ин «мардони хирад» нигар.
Ду шахси муллонамои хушсурат бо њам бањси хуше карда меоянд.
Якум. На, аќидаи ман њаќ аст!
Дуюм. На, фикри шумо ботил аст.
Якум. Ту бадмазњабї! Ту рофизиї!
Дуюм. Бањси мо аз илм аст, на мазњаб.
Якум. Донї, ки назди султон мартабаи азиме дорам, султон танњо ба ман эътимод кунад. Арз мекунам, то њамчун рофизї туро ба љазо расонад.
Дуюм. Инсоф кунед, устод. Ман рофизї нестам ва маќсади ман дигар аст...
Якум. Агар аз љазо эмин шудан хоњї, ба ман ду њазор динор бубахш, то сирри туро нигањ дорам.
Дуюм. Худованд нигањбонатон, кадом сирр?
Якум. Сирри рофизї будани туро. Сирри мулњиди куффор будани туро.
Дуюм. Ай худои мењрубон ва бахшоянда, ба имдоди ман бирас.
Якум. Ба доди ту танњо султон мерасад. Меравем пеши султон!
Кашола карда мебарад. Носирро намебинанд ва намешунаванд.
Носир. Меравам ба дарбори Султони Салљуќї, то њаќиќатро кушоям.
Њотиф (механдад). Њаќиќатро дар боргоњи султон мељўї? Бирав, биљў... Биљў дар он љое, ки мехоњанд бо номи ислом барои худ манфиат љўянд!
НАМОИШИ 2.
Дарбори султонњои салљуќї дар Марв. Султон дар тахт нишастааст, дар дасташ ханљар. Дар назди ў рўи хонтахта љасади одаме. Султон бо корд љигари ўро бурида мехўрад. Фаќехон бо ду марди даъвогар меоянд. Носир низ њамроњи онњост.
Фаќењи 1. Инак, боз як мулњид дастгир шуд!
Султон. Чї хубе. Љигари тоза мехоњам. Љазои кофир чист?
Фаќехон. Марг!
Дуюм. Ай, султони љањон, адл мехоњам: ман мулњид наям, ходими дини мубини исломам, чињил сол дар хидматам. Ба ноњаќ кофирам гўянд.
Султон. Хомўш! Халал нарасон. Ман хуни тоза мехоњам!
Носир. Адл мехоњам, султоно.
Султон. Ња, туї шоир? Ќасидае бихон барои футуњоти навини ман, то љигари ин мулњидро њамроњ нўши љон кунем!
Носир. Ай султон, ин марди шариф аст, кофир нест, мударрис аст, њаргиз аз рањи ислом ќадаме берун нанињодааст. Ман шоњидам, ки дар бахсе дармонда, аз ин бечора зар талаб кард, аз мансабу манзалаташ дар назди дарбор ин суиистифода кард. Ин мавло ба мулњидон заррае алоќаманд нест.
Султон. Туро чї фарќе? Ќасида бихон. Биёредаш. Муњим он, ки мулњидаш гуфтаанд. Агар имрўз нест, пагоњ шавад. То ин мулњид шуда бошад, пешакї хунаш бирезем, то назди ислом хизмате карда бошем.
Фаќењи дуюмро дасту пой баста чун чањорпоён назди султон мегузоранд. Султон чун ќассобон кордњоро санг мезанад.
Носир. Бипурс, то собит кунад ба мулњидї, агар нишоне дошта бошад.
Султон. Носир, ман садњо мулњидро ба њаќ расонидам, аммо тафриќае надидам аз дигарон. Модом, ки кофираш хондаанд, ба љурме муттањамаш кардаанд.
Носир. Ба њар оина, бипурс, шояд ѓалате рафта бошад.
Султон. Њм... Њой «муњофизи» ислом, бигўй, ки ба чї сабаб ин мулњид шуд?
Дуюм. Мазњабаш ботинист, малики бузургвор.
Султон. Ана, дидї? Биёредаш. Ботиниён мулњиданд, Мулњидон - мўљиби ќатл!
Носир. Бипурседаш, ки ботиниро чї фарќест аз дигарон?
Султон. Њмм... (Аз љигари маќтули пешина порае канда мехўрад.) Ту гўй, ки асли ислом чист? (Зоњиран гўш медињад, вале дар фикри хўрдан аст).
Якум. Тоати худои таоло доштан, фармудаи Ќуръони Маљидро иљро кардан, ба њукми нафсњои шањвонї амал накардан, аз деви нафсњои бад растан, ростї дар амал, тоат дар амали хеш доштан.
Султон. Кифоя. (Ба дуюм.) Ин рост мегўяд, шариатпаноњо?
Дуюм. Росту...
Султон (корд ба гулўяш гузошта). Пас чаро ин мулњид будааст?
Дуюм. Аммо ин мегўяд, ки бояд ба ботини Ќуръон назар кард ва мо гўё ба зоњири Ќуръон пайравї мекунем! Пас, ў ботинист, рофизист, ќарматист...
Султон (ба якум). Ин рост мегўяд?
Дуюм. Асли њама якест: мебояд, ки фармудаи Ќуръонро дар амал иљро кард: мисоли он, ки табааи ту дар забон ба вафо ќасам мехўранд, аммо дар амал ниятњои нопок доранд ва хазинаи туро медузданд, зоњиран парастиши Ќуръон мекунанд, вале дар амал бо дурўѓу каживу костї, макру фиребу нифоќу куфр машѓуланд.
Султон. Рост мегўї, аблањ! Аммо ба чї ин туро мулњид мегўяд?! (Асабиёна ба љигари ў ханљар мезанад.)
Дуюм. Азеро, ки зар надодам љињати пора. Ба тўњмат гирифторам кард...
Султон. Пас, тўњматаш кардї!? Тўњмат хилофи имон аст! Хилофи ислом аст! Хилофи низоми давлатдории ман аст! Тўњмат ва хиёнат муљиби чист?!
Фаќењон. Азбаски дар тартиби ислом халал овард, мўљиби марг аст!
Султон. Марг ба куффор! Биёредаш!
Фаќењон марди дуюмро низ чањорпойвор дасту пой баста назди султон мегузоранд. Султон ба љигари ў ханљар мезанад.
Фаќењон. Оллоњу акбар!
Султон. Њарки аз асли ислом дур мешавад- мулњид аст! Њарки ба муслимин тўњмат мекунад- мулњид аст! Њарки ба дурустии кори мо шубња мекунад - мулњид аст! Њарки мулњид аст - сазовори марг аст! Бикушам, то яке куффор дар билоди Хуросон намонад! Ту, шоир, ба васфи ин корномаи ман достонњо навис! Васф бикун, ки мазњаби олиро ман љорї кардам!
Носир. Малико, биист! Рањи ислом ба аќл аст, на ба зоњир, на ба зулм!
Султон. Инњо бадмазњабанд…
Носир. Айб дар мазњаб нест, балки дар бемаърифатии инњост ва дар он аст, ки дини мубини исломро низ доми тазвир ќарор додаанд.
Султон. Ту достоне навис, ки ман дар Хуросон исломро љорї кардам!
Носир. Шумо дар Хуросон ислом ба шамшер гирифтаед, вале касоне, ки аз асли ислом хабар надоранд, шариат нигоњ доштан натавонанд ва гирифтори девон шаванд! Шариатро фариштавор нигањ бояд дошт!
Султон. Ту достони тавсифи маро бихон!
Носир. Маслињат он аст, ки ин њардуро озод кунї ва тафсири некўи Ќуръонро фармої ва асли мазњабњоро муайян кунї ва њамаро аз асли ислом бохабар созї, то коре дар олами ислом карда бошї.
Султон. Ту шеър бихон! Парастиш кун маро! Ситоиш кун маро! Маро! Маро!
Носир. Ситоиш ва парастиш Њазрати Зулљалолро мебояд ва Аќли Куллро!
Султон. Туро ман мансабу маснад бахшидам, то ки маро ситоиш бикунї!
Носир. Аз ин соат маъзулам бикун, малико.
Султон. На! Аввал ќасида бихон.
Носир. Пас, худам худамро маъзул кардам.
Султон. Чаро?! (Кордро ба баногўши Носир нињода.) Имрўз тавассути дарбор шеъри ту мунташири кулли Хуросон гашт! Ва ту носипосї мекунї?!
Носир. Малико, ман дар љустуљўи адлу њаќ ба даргоњи ту омадам, зеро ки дар Ќубодиёну Балх љабри зиёди турконро ба њамќавмонам дидам. Дар ин љой чанде шефтаи лутфу эњсони ту гаштам, аммо зуд дарёфтам, ки љафои турктозї, бадмазњабї, хилофи аќоид ба асли ислом мўљиби ќатлу ѓорати ањли ислом шудаанд. Сафар мекунам, то њаќиќатро љое дарёбам.
Султон. Дар њељ љой туро чу ман ќадршиносї накунанд! Биисту шукр бикун ва дар васфи корномаи ман ќасидањо бисоз, то аз мукофотам мамнун шавї. Њаќиќат дар њамин аст. (Бадраи зар медињад.)
Носир. Шукр аз чї кунам? - Аз он, ки ба њар бањона хуни њамкасбони маро мерезанд? Аз он, ки асли дини мубини исломро њар лањза хилоф меоянд?
Султон. Эй шоир, ќасида бихон!
Носир. Ман онам, ки пеши хукон нарезам,
Мар ин ќимати дурри лафзи дариро! (Меравад.)
Њама шах мешаванд.
Султон. Ин... чї гуфт?
Фаќењон (ба ёд меоранд). Ман онам...ки пеши ... хукон нарезам...
Мар ин... ќимати... дурри лафзи... дариро...
Султон. Ин чї гуфторест?!
Фаќењи 1. Ин тањќир аст!
Султон. Дастгир кунед ва ба шиканља кашед!
Фаќењон. Ба чашм! Носирро дастгир кунед ва зери пои фил партоед!!!
Ба ду тараф мераванд.
Сањна нимторик шуда Ду Фаришта боргоњи салљуќиёнро боз ба ѓори муќаррарї табдил медињанд ва њама ба порањои гилњои хушку шўразада мубаддал мешаванд. Мисли он, ки тахт аз ќафо низ тахт асту касе нишастааст ва њам тахту њам тахтнишин порањои гили болои хам уфтодаанд. Носири Хусрав дар роњ равон аст.
Носир.
Рўям чу гули зард шуд аз дарди љањолат,
В-ин сарв ба новаќт бихамбид ба чамбар.
Бархостам аз љою сафар пеш гирифтам,
Н-аз хонам ёд омаду н-аз гулшану манзар.
Аз порсию аз тозию аз њиндиву аз турк,
В-аз Синдиву румї в-аз ибрї њама яксар.
В-аз фалсафаю монавию собиву дањрї,
Дархостам ин њољату пурсидам бемар.
Гуфтам, ки мавзўи шариат на ба аќл аст,
Зеро ки ба шамшер шуд ислом муќаррар.
Таќлид напазируфтаму њуљљат нануњуфтам,
Зеро ки нашуд њаќ ба таќлид муќаррар...
ИНТЕРМЕДИЯИ 2.
Носири Хусрав љое мерасад, ки њавзи пуроби жарфест.
Њотиф. Чї мебинї, Носири Хусрав?
Носир. Маќоми латифу њавое хуш.
Њотиф. Лањзае њамин љой бимон, то чї бинї.
Носир. Порае роњат бикунам. Эй Њотифи Ѓайбї, симои ту аранге бар назарам намоён мешавад, вале њамон лањза нопадид мегардад. Ту кистї?
Њотиф. Њоло мањалли кушодани асрори ман нест.
Носир. Кай расад он рўз?
Њотиф. Ин аз суботи ту вобаста аст. Бояд аз чанд имтињон гузарї.
Носир. Мекўшам, ки ба дидорат бирасам.
Ду Фаришта меоянд. Оромона, вале омирона њарф мезананд.
Фариштаи 1. Ба ин њавз дарой.
Носир. Дуруд, эй мардони нек, Шумо кистед?
Фариштаи 2. Ба оби њавз дарой.
Носир. Ин њавз ќаър надорад, канора надорад. Бими он аст, ки њалок шавам.
Фариштањо. Сухан кофист. (Бо зўрї ба об меандозанд, сипас мебароранд.)
Носир. Ташаккур.
Фариштаи 1 (баљидд ба рўи Носир менигарад). Боз ба њавз дарой.
Носир. Чаро охир?
Фариштаи 2. Зарур аст. (Боз ўро ба об партофта пасон кашида мебароранд.)
Носир. Аз барои худо, шафќате кунед! Ин чї љабрест?
Фариштаи 1. Бори дигар месанљем. (Боз ба об партофта мебароранд.)
Носир. Худойро шукр.
Фариштаи 2. Њељ таѓйироте намебинам. (Дар фикр мезананд.)
Носир. Ба њаќки Њазрати Зулљалол, даст аз зулм боздоред ва бигўед, ки ин чї амалест? Ѓарази шумо чист?
Фариштаи 1. Мехоњем, ки сифоти башарии туро гум кунем, аммо њарчанд мекўшем, њељ таъсире расонида наметавонем.
Носир. Кадом сифатњоро аз ман мехоњед дур кунед?
Фариштаи 1. Љањл, ѓурур, кибр, тамаъ, њирс, њасад ва њама сифоти зиштро. Вале муяссар намешавад.
Фариштаи 1. Чунин сифот дар нињоди ту нест. Бале, нест. Офарин бод бар ту!
Носир. Њамду сано худованди азза ва љаллро!
Фариштаи 1. Бидон ва огањ бош, ки ин мавзеъ олати шарифа асту мо муваккалонем бар ин љой ва њарчи мекунем, бо хости худои таъоло мекунем.
Носир. Нек бошад.
Фариштаи 1. Маълум шуд, ки ту дар мадори ќудсиёнї. Туро ин љомаи шарифа бахшидан мебояд. (Љома мепўшонанд.) Дар ин љода устувор бош. (Мераванд.)
Носир. Худойро шукр...
Чанде ќадам мезанад. Сањна рўшан мешавад.
Остонаи шањри азиме.
Њотиф. Чї мебинї, ай Носири Хусрав?
Носир. Шањре бузург бо одамони хушќомату кушодачењра.
Њотиф. Аз онњо гузар кун.
Носир. Бигузор чанде бо онњо бимонам.
Њотиф. Бимон. Аммо фаќат чанд рўзаке.
Носир. Чаро?
Њотиф. Дар акси њол туро дар биёбони љониби дигари шањр дар њолати дањшату фирор дархоњам ёфт. То боздид дар биёбон!
НАМОИШИ 3.
Фариштањо бо андак таѓйирот ѓорро ба дарбори Аъзами Миср бадал мекунанд. Майдони назди боргоњ. Носир шодон меояд, зери сутуне бароњат љой мегирад, ба атроф бо њавас назар мекунад. Фаќењи 1 меояд.
Носир. Њазорон шукр худовандро, ки ин шањри бољамол офарида.
Фаќењи 1. Ба пиндорам, марди Аљамї њастї, аз ањли фалосифа.
Носир. Бале.
Фаќењи 1. Дар билоди Форс ин шеър шунидай?
Ту худро мањв кун дар зоти яздон,
Худо хону худо хону худо хон.
Носир. Шунидаам, аммо асли шеър чунин аст:
Ту худро мањв кун дар зоти яздон,
Худо бину худо хону худо дон.
Фаќењи 1. Носири Хусрав чунон гуфтааст, ки ман талаффузаш кардам.
Носир. Агар њамон Носир манам, тавре гуфтаам, ки худ ќироат кардам.
Фаќењи 1. Бор, худоё! Носири Хусрав худи ту њастї?! Хуш омадї бар диёри мо! Имрўз дар назди Аъзами Миср маљлиси уламо ва фуќањо барпо шавад. Дер боз муштоќи сўњбати ту будем. Бисёр азизони Форс дар мулки мо мартабаю манзалати шоиста ёфтанд. Умед мекунам, ки ту низ азизи ин диёр шавї.
Ањли фалосифа њамроњи Аъзами Миср ва Ду Фаќењи асосї меоянд. Њар ки дар љои худ ќарор мегирад ва баробари омадани онон аён мегардад, ки бањси шадиде идома дорад. Зоњиран Аъзами Миср ва фуќањои ин дарбор аз Султону Фуќањои мулки дигар фарќе надоранд. Нишонаи шартие кофист.
Фаќењи 2 (идомаи бањс)... Ай бузургворон, бо ин њама маълум нашуд, ки «Ќуръон»-и Маљид офарида шудааст ё ки сухани азалист? Ва чаро дар «Ќуръон» порањои ба «Инљили» яњудиён монанд мављуд аст?
Фаќењи 1. Эй азизон, донишманди маъруфи тољик Њаким Абумўъмин Носири Хусрави Ќабодиёнї ал-Марвазї имрўз мењмони мост. Посухи ин суол аз ў бипурсем?
Аъзами Миср. Нек бошад. Бигўй, ки «Ќуръон» китоби нав аст, ё азалист?
Носир. Ба чашм. Њазрати Муњаммад Мустафо саллалоњи алайњи зикр кардаанд, ки ислом дини ќадимаи азалии яккахудоист, ки дар њар замон тибќи зарурат худованди азза ва љалл онро ба расулони худ Иброњим, Мўсо, Довуд, Исо ва охир ба Њазрати Муњаммад пайѓамбар алайњиссалом ошкор намудааст. Ва њама китобњои худой - «Таврот»-и Мўсо, «Забур»-и Довуд, «Инљил»-и Исо, «Ќуръон»-и Муњаммад Мустафо каломи барњаќ ва азалиянд.
Фаќењи 2. Пас, чаро онњо бо забонњои гуногун навишта шудаанд? Оё худованд забондон аст ва мутакаллим аст?
Носир. Њазрати худованди таъоло олими маълумот аст, ў дар шаби торик мўрчаи сиёњ бар санги сиёњ медонад, ки ќадам мезанад ва њаракати заррањо дар тани мо низ бар ў пўшида нест. Ва ў мутакаллим аст бо каломе, ки муназзањ аст ваид аст ва амруннањї.
Фаќењи 2. Пас, расулон он китобњоро чї гуна ба кадом забон ва дар чї шакле хондаанд, ё шунидаанд?
Носир. Китобњои худой хонда мешаванд бо забони дил. Каломи ваиди худоро расулон бо забони дил шунидаанд, маънињоро бо забони дил маълум кардаанд бидуни калимае ва њарфе ва пас бо забони худ ба умматон расонидаанд!
Аъзами Миср. Ё валло! Њаќиќати азим ошкор кардї!
Фаќењи 1. Пас фарќ миёни динњо ва китобњо нест?
Носир. Айб дар адён нест. Айб дар ѓаризаи нопок ва љањолати мардум аст.
Фаќењи 2. Фарќ миёни пайѓамбарон ва сењргарон дар чист?
Носир. Соњирон илми сењргарї аз дигаре омўхтаанд ва боз бар дигаре омўзанд. Аммо пайѓамбариро касе аз пайѓамбаре наомўзад. Пайѓамбарї азалист ва пайѓамбарон он чиро падид оранд, ки пеш аз он мављуд набуд.
Фаќењи 1. Гўянд, ки некиву бадї азалист. Ин сањењ аст?
Носир. На. Бадиро дар офариниш моя нест. Худованд њама оламро ба зоти АЌЛ офарид ва дар љавњари Аќл чизе нест аз бадї. Дигар он, ки љои бозгашти нафсњо бињишт бошад, вале дар бињишт бадиро љой нест. Пас, бадї азалї нест.
Фаќењи 2. Пас, собит карда метавонї, ки бадї нек шавад ва гунањгор бегуноњ?
Носир. Асли нафсњо некию хайр аст, чуноне, ки љисми одамиро решу љароњат азалї нест. Вай иллати муваќќатиест, ки бо даво бартараф шавад. Тавба бар гунањгор чун марњамест барои решу љароњат. Ва чуноне ки Расули Акрам саллалоњу алайњи фармудаанд: Бозгарданда аз гуноњ чун он кас аст, ки ўро њељ гуноњ нест!
Аъзами Миср. Ё валлоњ! (Њама изњори ќаноатмандї мекунанд.)
Фаќењи 2. На! Гўш дењ, пас, ман гуноњ њамекунам ва тавба мекунаму соф бегуноњ мегардам, баъд боз гуноњ мекунаму боз тавба ва гуноњњо кардан мегирам бо нияти он ки баъд тавба мекунаму худой онро мебахшад?!
Носир. Ай мусулмон, магар бо Худо савдо кардан мехоњї? Агар мўљиби гуноњи ту сањвест ва сари ваќт хатоятро ёфта, тавба бикунї, ќабул бошад. Аммо каси тавбакарда дигар гуноњ накунад. Вагарна, бирав ин савдо дар бозорњо бикун, ки на ба аќл биѓунљад, на ба ќонунњои дањрї.
Аъзами Миср. Ё валлоњ! Њаќ гуфтї. (Ба Факњењи 2.) Љои ту бозор аст! Бирав. (Хандаи умум.)
Фаќењи 2. Аммо дар кутуби ту, Њаким Носир, дар риштањои илми љарисќол ва манозир, њисобу њасаб, кимиёву тиб маълумоти зиёдест. Ин хилофи илми илоњї нест?
Носир. Ин њама падидањои Аќли кулл аст, ки ба каромати илоњї дар чашму фикри банда падид ояд. Он њама илмњо аз худованд нозил шавад, то мо олами офаридаи ўро бидонем.
Фаќењи 1. Ту гуфтаї, ки замин куррашакл аст. Ин дуруст аст? Пас замин болои чї меистад?
Носир. Бале. Замин љисми мудаввари куррашакли чархзанандаест ки дар фазо миёни њаво муаллаќ мондааст ва мегардад андар мадори офтоб.
Фаќењи 2. Пас, офтоб бузургтар аст, ё Замин?
Носир. Офтоб бузургтар аст аз Замин, таќрибан сесад њазор маротиба беш.
Аъзами Миср. Ай Носир, магар илми даќиќ бар илми ислом мухолиф нест?
Носир. На, бузургворо. Решаи калимаи олам илм аст ва худованд оламро ба илм офаридааст. Ва илми шиносоии оламро Худованд барои баргузидагони худ аз байни одамон додааст, то маънињои нињонро дарёбанд ва њамкасон бањрањо бардоранд.
Аъзами Миср. Ё валло!
Фаќењи 1. Пас, Аќл худи Худой аст?
Носир. Њар мардумеро аз Аќл насиб аст, вале аќли онњоро низ иллат њаст. Ва он чї соњиби иллатест, Худой набошад.
Фаќењи 2. Фањмидам. Пас, Аќл чист?
Носир. Аќл сифати бандагони худой аст. Аќл маљбур аст, ки њама рафтору кирдори соњиби худро назора кунад ва он чи аз аќл фурў бошад, напазирад ва он чї сифати бандагон бошад ва њарчи маљбур бошад, сифати худой набошад.
Фаќењи 2. Имрўз, ки дар Хуросон љањолат муставлист, аќл намондааст?
Носир. Кавкаби илм, охир сар бар кунад,
Гарчи кунун тири мў дар руљъат аст.
Ќимати дониш нашавад кам бад он-к
Халќ кунун љоњилу дунњиммат аст.
Фаќењи 2 (дафтаре аз љайбаш мебарорад). Магар ин суханњои ту нест?
Бар ањли Хуросон фарох шуд кор,
Имрўз, ки Иблис мизбон аст!
Љои дигар чунин гуфтаї:
Дар Балх эминанд зи њар шарре,
Майхору дузду лутиву занбора.
В-ар дўстдори оли расулї ту,
Чун ман зи хонумон шавї овора.
Ана ин љо боз гуфтаї:
Муфтиву фаќењу обиду зоњид
Гаштанд њама дунон ба гардан.
Ман ронда ба њам чу пешгањ бошад
Танбўриву пойкўбу барбатзан.
Носир. Бо ин њама илми худованд беохир аст ва бандагони илмдўсти худой зиёда ва дар Хуросон донишмандон ба фаќирї рўз баранд, вале илмро нигањ доранд ва ин байтњоро шиори худ медонанд:
Хирад аст он-к агар нестї ў, аз мо
На суѓор њастї њаргиз, на кубор астї.
Гар набудастї ин аќл ба мардум дар,
Халќ яксар батар аз каждуму мор астї.
Бале, азизон, илм низ аз муњаббати илоњист ва каромоти оллоњ.
Мо ишќро ба ёдгор овардем,
Бар хоки ту аљзу ифтихор овардем.
Ногањ ѓамат бар дили мо кард нузул,
Љон пеши ѓамат бањри нисор овардем.
Фаќењи 1. Пас, рўй овардан ба мулки мо аз бањри чист?
Носир. Аз бањри љустани адл, њаќиќат, њаќиќати илми илоњї.
Њар ки ў пеши хирадмандон ба зону н-омадаст,
Бо хирадмандон нашояд карданаш њамзонувї.
Аъзами Миср. Ё валлоњ! Шунидам, ки дар Хуросон бархе муслимин бо бањонаи ботинї будан ќатл мешаванд. Тафриќа дар чист?
Носир. Ботиниён ба маънии Ќуръон назар мекунанд. Ба масал - пули Сиротро дар зиндагї, дар амал бояд гузашт. Дўзаху бињишт дар нињоди њар як одам бошад. Ва дар амал бояд аз нафсњои шарр даст кашид.
Аъзами Миср. Дар вуљуди мо нафсњои шарр мављуд аст, ё нафсњои хайр?
Носир. Дар ин суол Њазрати Муњаммад алайњиссалом фармудаанд: замоне девњои нафси шањвонию ѓазабї дар тани ман вуљуд доштанд, вале ман мусалмонашон кардам. Бале, бандаро аз ќуту нафс чора нест, вале мебояд, ки дар роњи њаќ устувор бошад, мушкилоти роњи њаќ, мушкилот ва њаќиќати воќеии Пули Сирот низ дар ин аст.
Аъзами Миср. Ё валлоњ! Дар «Ќуръон» чунин омада: Рўзе бошад, ки њељ нафсро бар њељ нафсе подшоњї набошад ва он рўз фармон худойро бошад». Шарњи ин фармудаи оллоњи таъоло чист?
Носир. Ин даъват ба ботини мањз бошад ва њар кас, ки аз илми њаќиќат хабар надорад, натавонад мар онро пазируфтан ва натавонад мар онро дафъ кардан ва ба ду љањон ба бало омехта шаванд. Ин он рўзест, ки нафси куллї падид ояд ва ба аќли куллї пайваста шавад. Имрўз шариат ба љањл бигирифтаанд, фардо ба адлу њаќ баргиранд. Ва мардум миёнљї аст миёни фариштагону девон. Ва имрўз љањон девон доранд ва фардо фариштагонро бояд доштан ва он рўз «њељ нафсеро бар њељ нафсе подшоњї набошад ва фармон он рўз худойро бошад».
Аъзами Миср. Офарин бар ту бод! Ба њар оин, бигўй, чаро ањли илм дар Хуросон хору забун аст?
Носир. Хоки Хуросон, ки буд љои адаб,
Маъдани девони нокас акнун шуд.
Њикматро хона Балх буду кунун
Хонааш вайрон зи бахти ворун шуд.
Мулки Сулаймон агар Хуросон бувад,
Чунки кунун мулки деви малъун шуд.
Бандаи эшон шуданд боз ба макр,
Наљми Хуросон нањсу махбун шуд.
Чокари Ќипчоќ шуд шарифу зи дил
Хурраи у пешкони хотун шуд...
Ин њама аз љафои турктозиву љањолат ва ќатли умуми ањли фазл аст.
Аъзами Миср. Дерест, ки чун ту алломаи соњибќирон мељустам. Шукри аллоњ, туро назди мо падид овард. Дар ин аср касе дар илми илоњиву илми дањрї дар тамоми Маѓрибу Машриќ бо ту баробар наояд. Агар ризо бошї, туро маснади вазирї бахшам. Аз ин пас мебояд, ки дар тамоми мадрасањои Миср асли исломро ту тадрис кунї, то асли маърифат миёни муслимин њосил шавад!
Носир. Шукри бењад Њазрати Зулљалолро!
Хилъат меоранд. Њама табрик мекунанд. Аъзами Миср Носирро њамроњи худ мебарад. Фаќењи 1 ва Фаќењи 2 пеш меоянд.
Фаќењи 1. Алломаест соњибдониш ва боиќбол. Ўро худи оллоњ фиристода.
Фаќењи 2. Вале бар сари мо бало овард! Мансаби вазирї ўро насиб шуд!
Фаќењи 1. Бале, Аъзами Миср бо ў сўњбат мекунад.
Фаќењи 2. Бо ин бар сари мо зиён ояд! Њар гање, ки яке аз Аљамиён ба мулки мо ояд, донишмандони мо забун шаванд! Акнун ин мулк коњиш ёбад!
Фаќењи 1. На, ин ѓалат аст. Салтанати мо рўй ба таназзул нињода ва танњо Хуросон, ки ба зоњир тобеъи хилофати Баѓдод аст, метавонад ба мо умри дубора бахшад. Ва њоло ваќти фикри ояндаи мењан аст, на фикри худхоњї!
Фаќењи 2. Вале аз ин ба ман чї фоида? Ман мехоњам имрўз вазир бошам. Ва њаргиз нагузорам, ки ин аљамї фотењ бошад дар мулки ман!
Фаќењи 1. Ўро ором гузор!
Фаќењи 2. Ман туро санљидам. Хуб, њазрат. Некў дорем мењмонро.
Фаќењи 1. Ёд дор: агар амали ношоистае пеш гирї, њоли мулк забун кунї. (Меравад.)
Фаќењи 2. Аввал туро сарнагун кунам... Бењ он, ки ба як тир ду нишон занам. Имрўз худро шефтаю бандаи Носири Хусрав вонамуд созам. Ана баъд...(Меравад.)
Сањна нимторик мешавад.
Фариштагон майдонро ба кулбаи Носири Хусрав мубаддал мегардонанд.
НАМОИШИ 4.
Њуљраи Носири Хусрав. Шаб. Ў нишаста менависад. Фаќењи 2 бо тўњфањо меояд. Зоњиран шод асту мухлису муриди Носири Хусрав.
Фаќењи 2. Ассалому алайкум, вазири кабир! Њадяи моро ќабул фармой!
Бо ќарсаки ў ѓуломон чанд сандуќ мол ва дар мањоре Ноњидро меоранд.
Носир (бо тааљљуб). Ин њама чист? Аз боиси чист?
Фаќењи 2. Ин бањои илми љањонбини ту аст. Ту вазири кабирї, шабону рўзон пайи кор ба бод дињї. Ва ман ин нозу неъмат ва ин канизаки румї овардам, ки порае роњат бикунї.
Носир. Ай бузургвор, ин чї кор аст? Ту мехоњї, ки ба ман пасмондаи амирону ашки ятимон, ќути беваю бечорагон ва оњи мазлумону хуни афтодагонро овардї? Ин њама зањр аст, лаънати мазлумон аст, кирму мору мўри хушкида аст.
Фаќењи 2. Бале, розиям бо ту (Механдад.) Он чї мегўї, дуруст аст, аз фалсафа аст, аммо ба ин зару зевари љонахш нигар, ба ин моњи тобони роњати љон бинигар.
Носир. Худоё, Ноњид астї?!
Ноњид. Бале, бузургвор.
Фаќењи 2. Бале, Ноњид аст - зеботарин сайёраи осмон дар рўи замин.
Носир. Барои ман ин њам пораи гили гандидаест.
Фаќеи 2. Ё валлоњ! Ин чї сухани мањол аст? Ин рашки Шамсу Ќамар аст, оташи љони ошиќон аст, орзуи маликони љањон аст, ки имрўз насиби туст! Бигиру давр бирон, айши љовидонї бикун, ки имрўз малику малак туро ёвару нигањбон шудааст!
Носир. Асли маќсади ту дигар аст. Мехоњї, ки ихтиёри њама мадрасањоро бо замини ваќфашон ба ихтиёри ту дињам, њама гуфтори туро воло шумарам ва аз Аъзами Миср дархост кунам, ки туро мукофот дињад.
Фаќењи 2. Шояд. Вале ба ман бо ин ќудрату молу манол он мукофот чизе набошад ва бо он, ки асилзодаи мисриям, њама гуна зару мол ба даст орам. Ва аз он, ки мансабе бароям расад, чї ихтилофе дар њаќиќат шавад?
Носир. Ихтилоф дар њаќиќат нест, дар амали ту аст: Ту илму исломро барои ба даст овардани зару моли муфт истифода њамекунї.
Фаќењи 2. Талоши њама инсону наботу љамот барои дарёфти ќутест. Вале ба ман талош барои ном аст. Савганд мехўрам, ки мукофот аз ту хоњад шуд.
Носир. Дар маркази илму тамаддун ин сухан аз мантиќ берун аст. Кофист.
Фаќењи 2. Фаромўш накун, ки эътибори мо - фуќањо дар назди Аъзами Миср азим аст. Дар як они воњид мењри ўро ба ѓазаби ў нисбат ба ту бадал созам ва љазои марги туро таъмин бикунам.
Носир. Ба чї ваљње?
Фаќењи 2. Ба ваљњи он, ки дар ин шањр хоњиши ман њамеша иљро мешавад. Аммо ту талаби маро шикастї! Њоло ба амир мерасонам, ки ту љињати пора ин њама зару мол ва канизаки румиро талаб кардї. Њарчи овардам, кам њисобидї. Аз ман хиёнат ба Аъзами Мисрро талаб кардї! Хостї, ки мазњаби мо завол ёбад ва мазњаби њанафия муставлї гардад.
Носир. Ё аллоњ! Кофист жожхої!
Фаќењи 2. Аъзами Миср бар сухани ман гўш дињад. Розї шав.
Носир. Њаргиз.
Фаќењи 2. Пас, ба љазои сангин омода шав, душмани нињонии ислом!
Бо хандаи тањќиромез меравад. Дар торикї аллакай он њама зару мол ва Ноњиди зебо чун мору мўри гандида ва пораи гил ба назар мерасад.
Њотифи Ѓайбї бо ханда меояд.
Њотиф. Чї њайрон мондаї, вазири кабир?
Носир. О-оњ, куљої, дўсти љонї? Ба додам бирас. Ин чї макони пурнурест, ки дар асл чун њама ѓорњои дигар торику маљњул мебинам?! Ин чї муаммост?
Њотиф. Гуфтамат, ки чанд рўзаке ин љо иќомат бикун. Њоло се сол гузашт, ки вазирї мекунї. Вале фардо туро оќибати шуме интизор аст.
Носир. Чї оќибате? Магар тањдиди ин Фаќењ љиддист?
Њотиф. Бори аввал нест, ки туро назди Аъзами Миср тўњматњо мекунанд. Агар пагоњ ин туро бадгўї кунад, аз љазо рањої наёбї.
Носир. Чорае њаст?
Њотиф. Њаст. Њоло бирав назди Аъзами Миср ва тарки вазорат бикун. Ў туро санади Њуљљатулњаќи Хуросон дињад. Ту барои покии дини мубини ислом дар Хуросон чора мељўї, дар Баѓдод њам таблиѓ мекунї. Биштоб, ки ваќт танг аст.
Носир. Чаро хилоф дар гуфтору рафтор дар ин маркази илм низ њаст?
Њотиф. Инро худ дарёб. Асли маќсуди ту дарёфтани њаќиќат аст, на љои осуда. Бархезу асо бизан пайи њаќиќат, ки басо мушкилот дорад.
ИНТЕРМЕДИЯИ 3.
Сафари саргуми Носир дар ѓорњо. Ноњид ба пораи гили фарсуда мубаддал мешавад ва Фаќењи 2 шакли њайвони дањшатноки девмонандро мегирад. Њарки тибќи ѓолибияти нафсњои хеш дар сурате падид меояд.
Носир. Чї нохуб аст дидори бузургон -
Шудан чун Юсуф андар чанги гургон.
Њама худ бадтар аз Фиръавни маѓрур,
Чу Намруд аз пари як пашша ранљур.
Малик чун хост њозир гашт бар дар
Гурўњи дев бинад дар баробар.
Яке чун афъиёни саршикаста.
Яке чун аќраби думбаршикаста.
Чу надњад доди кас гар дод хоњанд,
Дили халќон зи биму ѓам бикоњанд.
Ки гар Асњоби Кањф ояд бар ишон -
Намояд камтар аз саг дар назаршон.
Њотифи Ѓайбї меояд. Озурдаву парешон аст.
Њотиф. Эњтиёт бош, Носир, ба мавзеи имтињони сангин расидї.
Носир. Њамеша дар њама љо имтињон аст. Дар Баѓдод њам аз санљиши халифа гузаштаму мењрубонї дидам, аммо аз макри уламолаќабон осоиш наёфтам.
Њотиф. Аммо ин имтињон туро сахт гарон афтад. Соњиби диёри Алоњида туро љўёст ва њоло халифа туро равона кардааст назди ў љињати расулї.
Носир. Соњиби Алоњида аз ман чї мехоњад?
Њотиф. Њарчи дар сарнавишт њаст- мебинї. Ту мазњабњои гуногуни исломро пажўњиш мекунї. Инак, мавриди мувофиќ расид. Биёмўз ва огањ бош. Дигар ту худ донї, ки чї гўї ва чї амале кунї.
Меравад. Сањна торик мешавад.
ЌИСМИ II
НАМОИШИ 5.
Дарбори Соњиби диёри Алоњида. Соњиби дар тахт нишаста ва Фуќањо.
Фаќењи 1. Расуле аз халифаи Баѓдод омадааст.
Соњиб. Ба халифаи Баѓдод боре надорам. Аммо... Он љой Носири Хусрав дар хизмат аст... Фикре ба сарам омад. Бифармой, дар ояд.
Бо ишораи Фаќењи 2 Носири Хусрав меояд.
Носир. Дуруд ба малики диёри Алоњида. Аз халифаи Баѓдод нома овардам.
Соњиб. Хуб. (Номаро ба фуќањо медињад.) Бифармой.
Носир. Ташаккур..
Соњиб. Ту дар диёре иќомат мекунї, ки он љо уламои маъруфе зиндагї ба сар доранд. Дар рухи ту низ фарри эзидї мебинам. Исми ту чист?
Носир. Носир аст.
Соњиб. Ту Носири Хусравї?!
Носир. (ба як тараф). Барои имтињон исмамро дигар бикунам. (Ба Соњиб.) На, малики бузургвор. Носири Хусрав олим аст, ўро ба расулї чї кор аст? Ман расули оддиям ва аз халифа паём овардаам...
Соњиб. Афсўс. Дерест, ки дар талаби дидори Носири Хусравам.
Носир. Малики бузургвор, мўљиби ин талаб чист?
Соњиб. Бигўй аввал, ки эътибори Носир дар Баѓдод зиёд аст?
Носир. Андаке эътибор дорад, аммо бартар аз ў низ њастанд.
Соњиб. Аз рисолати њакимону уламои ислом бархурдор шудан мехоњам. Ту аз илми ислом чизе медонї?
Носир. Холї нестам. Андаке огоњам.
Соњиб. Ин чї китобест? (Китоберо медињад.)
Носир. «Аъзами илоњиёт» аст.
Соњиб. Ин аз таснифоти Носири Хусрав аст.
Носир. Номи дигараш «Иксири аъзам» аст.
Соњиб. Њељ њакиме баробари ин чизе таълиф накарда.
Носир. Дар илми ислом сањлтарин китобест.
Соњиб. Мањол магўй! Њарки ба гумони ман шубња кунад, сазовори љазо гардад, вале ту ба худи Њаким Носири Хусрав шубња мекунї?! Туро имтињон мекунам, агар исбот карда тавонистї, хайр бошад, вагарна туро аз љазо халосї нест.
Носир. Ман расулам ва љавоби номаи халифаро интизорам.
Соњиб. Бало ба паси халифа! Ба суоли ман љавоб бигўй! Эй расуле, ки бар худи Њаким Носири Хусрав шубња кардї, бигўй, ки чаро инсонро бандаи худой мегўянду чањорпоёнро на?
Носир. Чањорпоён, тамоми коиноту мављудот бастаанд ба њар њолате: ситорагон бастаанд дар осмон, Шамсу Ќамар дар мадори худ њаракат мекунанд, паррандагону чаррандагону хазандагон њама бастаи њоли худанд ва бандаи одаманд. Ва танњо мардумї, ки аз њадди сутурї ба зинаи фариштагї расида ва озоданд, танњо бандаи худованди азза ва љалл аст ва ин аз каромоти илоњист.
Соњиб. Посухи ќотеъ гуфтї. Кадом илмро бояд омўхт, ки ба асли ислом расї?
Носир. Аввалтар аз њама худро шинос, неку бадро дар љисми худ шинос.
Соњиб. Оё дуруст мегўянд, ки савобу гуноњ бо хости худой падид ояд?
Носир. Худой бандаро Аќл бахшидааст, ки танњо њавасњои аќлона хоњад. Барои гуноњи банда худойро гунањгор кардан нашояд ва бо ин тафаккури ботил худро дар оташ афкандан набояд.
Соњиб. Хеле хуб. Таъвили ин навиштањо чист? «Њарки як танро бикушад, бе он, ки касеро љон аз тан људо карда бошад, њама мардумро бикушад». Ва њарки як танро зинда кунад, њама мардумро зинда кунад.»
Носир. Ин куштани љисмонї нест, балки табаддулоти рўњонии вай аст, дигар кардани роњи вай барои пайравони вай аст. Зинда кардани як тан, ки боиси зинда шудани пайравонаш шавад, низ њамин аст.
Соњиб. Мехоњам, њама ањли Хуросон сар занам ва халќи наве созам.
Носир. Барои ин њадаф куштори саросарї шарт нест: афкор дигар бояд кард.
Соњиб. Пас, мо њам чунин кунем: бо тафсири нави «Ќуръон» рўњи онњоро дигар бикунам. Ва дар ин иќдом ту ба ман кўмак бикунї.
Носир. Малики бузургворам, ман расулам ва халифа љавоби номаро интизор.
Соњиб. То ваќте ки Носири Хусравро ба хизмати мо нафиристад, ту гаравгони ман бимонї ва дар навиштани тафсири нав мадад расонї. Њамроњонашро ба зиндон баред. Инро њам баред.
Сарбозон меоянд. Нохост Нотуси Маѓрибї омада Носири Хусравро мебинад ва бо фиѓон бехуд шуда худроба пои ў мепартояд.
Нотус. О-оњ! Худованди азза ва љалл! Шукр, ки устоди маро ба ман расонидї! Њазорон шукр, ки устодам солиму барњаёт аст! Дуруд, устод.
Носир. Дуруд. Нотуси Маѓрибї.
Соњиб. Устоди ту кист, ки ин ќадар бехуд шудї?
Нотус. Охир ин Њаким Носири Хусрав аст!
Соњиб. Оњ... Худованд арзи маро шунид.
Носир (ба як тараф). Чї тасодуфи пурмусибате...
Соњиб. Медонам, ки аз сиёсати ман туро вањме дар дил падид омад. Ин гуноњи ту бахшиданист. Муњим он аст, ки туро худи худованд ба назди мо фиристод! (Аз тахт фаромада аз дасташ мегирад ва наздики тахт курсї мефармояд). Инак, расид толиб бар матлуб ва инак расид ошиќ бар маъшуќ! Хуш омадї, њакими бузург!
Носир. Ай бузургвор, ман дар фармони халифаи Баѓдодам ва...
Соњиб. Вале ман ба фармони халифа нестам! (Номаро медарронад.) Номае нависед ба унвонии халифа, ки бо амри ман Њаким Носири Хусрави Ќубодиёнї дигар дар руќъаи инќиёди халифа нест, њоло вазири кабири диёри Алоњида аст ва манзалат дар ќалъаи Аламут дорад ва њама мояи айш барояш муњайёст.
Носир. Сипосгузорам, малики бузургвор, аммо маро мебояд, ки...
Соњиб. На! Дигар туро рањо нахоњам кард! Ба вазири кабир хилъат биёред. Њама асбоби тараб ва хидмат муњайё кунед!
Хилъат меоранд, дурру марворид меоранд, дар мањоре Ноњидро меоранд.
Носир (ба як тараф.) Ин аст он хавфу хатаре, ки дилам огоњї медод. Чора он аст, ки сабр пеш гирам, то роњам кушода шавад.
Соњиб. Њарчї зарур медонї, бифармой.
Носир. Муташаккирам, аммо арзе дорам. Маро улуми бисёр љамъ шуда. Хоњам, ки вазорат аз гардани ман бардорї ва ман танњо ба шатари улум машѓул шавам.
Соњиб. Амр турост. Ба нишони мењрубонию лутф писари ягонаи маро ба шогирдї ќабул бикун. Ва ољил бош дар навиштани ташрењ.
Носир. Ба чашм.(Писари Соњибро ба оѓўш мегирад.)
Соњиб. Мебояд, ки бо мазњаби ман ошно шавї.
Носир. Бале. Фазилати он дар чист?
Соњиб. Дар он, ки инсон ќавидил, ќавибозу, ќавиирода шавад. Ба ин нигар: пањлавони тањамтан аст, нуќсе дар тан надорад. Дар поёни ќалъа њавзи ќатрони љўшон мебинї. Њоло дараљаи эътиќодро бубин: (Ба сарбоз.) Эй барно, ту ба ман эътиќод дорї? Асли маќсади мо - расидан ба Рўњулќудс аст. Њоло мавриди санљиш расидааст: Ба њавзи љўшони ќатрон бипар, ки Њаќ он љост!
Пањлавон худро ба поён њаво медињад.
Носир. Не-е-е!
Соњиб. Аллоњу Акбар!
Носир. Ин роњи сањењ нест! Ин тоати кўр-курона аст! Ин љањолат аст!
Соњиб. Ин роњи расидан ба њаќ аст! Ва њарки ба мо нофармонї кунад, ў мўљиби ќатл гардад! Њарки чашми тарс дорад, мўљиби ќатл гардад! Њарки ба фармони ман ќатл накунад, њамчун куффор мўљиби ќатл аст! Ин аст тариќати ман ва њарки ба ман мухолиф аст, мўљиби ќатл бошад! Ана њаминро бинавис!
Носир. Њаргиз! Ин камоли љањолат ва тарѓиби љањолат хоњад буд!
Соњиб. Кофист!.. Ту њоло ба ман зарурї. Туро на ба љисми балки рўњан кушам, то њама пайравони ту кушта шаванд. Ин аст љазои ту! Ба ин њуљраи хосса ороед ва шароити навиштани китоб муњайё кунед. Ба ман донишу номи ту зарур аст! Баред!
Сањна нимторик мешавад.
НАМОИШИ 6.
Њуљраи Носири Хусрав, ки посбонон нигањбониаш мекунанд. Зоњиран љои хуш аст, вале барои њаким зиндоне беш нест. Фаќењон як-як китобњо оварда ба Носири Хусрав нишон медињанд. Вале Носир онњоро рад мекунад.
Фаќењи 1. Ин навишта - накўтарин тафсири Ќуръон аст.
Носир. На, ин китоб комилан хатост, заррае мувофиќ бар асли ислом нест.
Фаќењи 1. Хуб. (Меравад.)
Фаќењи 2. Ба дурустии китоби ман шубњае нест.
Носир. Ин тафсир боиси ќатли ом гардад! Ин хилофи Аќл аст.
Фаќењи 2. Хуб. (Меравад.)
Носир. Чї китобњои куфрона, ки њар кадом ба љони мусулмонон офат шавад!
Соњиб дар ињотаи фуќањо ва сарбозон меояд.
Соњиб. Дуруд, њакими бузургвор. Танњо нишастаї?
Носир. На бо Ў будам. Њоло ки ту омадї, танњо мондаам.
Соњиб. Ту носипосї мекунї, амри маро иљро намекунї!
Носир. Ман амри Ўро иљро мекунам.
Соњиб. Ризќрасони ту - манам. Ба њаќки намак бояд расї.
Носир. Ризќи моро худой мерасонад.
Соњиб. Амри ман иљро бикун ва мукофот баргир.
Носир. Мукофотро Ў медињад!
Соњиб. Дар саросари олам ба фармони шањон тафсирњо нависанд ва худоњои нав офаранд. Худои ман шамшер аст, фариштаи ман тарс. Вањйи ман љамъи салтанати ман аст! Њаким, ба ту чї фарќест? Агар ту тафсир нависї, даъвати ман зудтар ба даст меояд. Инро бинавис ва шод бош.
Носир. Асли маќсади ту дигар аст. Танњо дар фикри бунёди салтанати худ бо рехтани хуни њамкасон њастї ва мехоњї дини исломро доми тазвир кунї.
Соњиб. Офарин ба њаќгўй. Вале чаро андеша намекунї, ки барои ин густохї бо дастони худ сар аз танат људо кунам!
Носир. Аз ин ба ту суде нест. Вале дили ту тамом аз кор мондааст. Ва пеш аз он, ки ба ман ханљаре занї, худ љон ба љонофарин супарї. Њол он, ки туро мебояд, ки зудтар љамъи салтанат ба анљом расонї.
Соњиб. Ва дар ин љода ту бояд ба ман кўмак расонї.
Носир. Ин хилофи даъвати ман аст.
Соњиб. Асли даъвати ту чист?
Носир. Даъвати ман аз инсони озоди комили дур аз тарсу бим, бухлу оз, кинаву њасад аст, ки на ба умеди мукофот ва на аз тарс, балки аз муњаббат ба Худо ба исломи азимушшаън гараванд. Инсони асилам орзуст, он, ки Пули Сиротро дар роњи пурпечутоби зиндагї тай бикунад ва бо амали накў аз њадди њайвонї ба фариштагї расад!
Соњиб. Ман низ њаминро хоњонам. Вале аз чї бар ту писанд нест?
Носир. Саросари роњи ту - аз хуни њамкасон лой шудааст. Бо љисми њамќавмон ту зинањо месозї барои тахти салтанат, бар ивази хуни њамкасон расї ба хони неъмат, ба эътибору иззат.
Соњиб. Пайравони ман аз рањи эътиќод хун мерезанд ва фардо рўзи ќиёмат мукофоти амал гиранд ва соњиби он дунё шаванд. Ба чї далел собит кунї, ки роњи паймудаи ман хатост?
Носир. Ваќте ки аз ин вайронагулшан сўи он ободгулшан ойї, туро бо ин саволњо ба роњи паймудаат бозгардонанд ва њама кирдори худ дар њузури шоњидони њаќ бубинї. Он гоњ дар нахустин манзил дар гили аз хуни њамкасон лойкардаи худ дармонї, аз сарои неъмат бар сарои оташ афтї...
Соњиб. Ин њама куфр аст, дар кадом асос чунин ќазоват мекунї?
Носир. Ин даъвати ман асос ёфта бар њама китобњои ислом, дар абнои «Ќуръон»- и Муњаммад Мустафо, «Забур»-и Довуд, «Таврот»- и Мўсо, «Инљил»-и Исо, њама илмњои замона, таърихи Кайхусраву Навзар, афкори Батлимусу Уќлидусу Афлотуну Аристотолису Њермеси Юнонї, Ибни Синову Форобї.
Соњиб. Оњ... Бигўй, ки чаро ин ќадар халифањои аср дилбастаи туянд? Чаро њам Султон Масъуд њам Султон Љаѓрибек Довуди Салљуќї, њам имоми фотимиёни Миср Абўтамим Маад ибни Алї ал-Мустансир, њам халифаи Баѓдод дар ту наљобати худро дарёфтанд, вале бо њама иззату љоњ натавонистанд туро мутеъи худ гардонанд? Матои ѓуруру фахри ту аз чист?
Носир. Аз он соат, ки асли худоро шинохтам, дар сафари хирад шудам, ба ганљи ќаноат соњиб шудам ва марги табиї дар назарам хор омад. Аз он, ки Аќли Куллро дарёфтам, чархи гардунро ба зери пойи худ дидам, аз аљз бар ављ шудам, аз хок бар фалак шудам. Ин аст матои ѓурури ман.
Соњиб.
Соњиб. Кофист...! (Ханљар бармекашад, вале нохост суст шуда, дастаи ханљар аз дастонаш рањо меёбад.) Рост мегуфтаї, њаким. Маъзарат. Аммо кори ту низ тамом шудааст. Ту бо ман њамгуноњї. (Ўро њамроњонаш рўи даст мегиранд).
Носир. Ба чї ваљње?
Соњиб. Чун ту фариштаеро бадном кардам ва њама тафсироти худро бо номи ту насб кардам, њама китобњои дигаратро бо фармони ман нест кардаанд. Акнун дар њама љой туро душмани сунниён ва душмани ислом бихонанд! Дар њама љой марги туро хоњонанд!
Носир. Не, не. Не!
Соњиб. Акнун то умре дорї, танњо дар њамин ќаср паноњ меёбї.
Носир. Ба ман рухсат бидењ бо мардум сухан бикунам.
Соњиб. На. Ин боиси марги даъвати ман, боиси парокандагии салтанати ман шавад... Маслињат он аст, ки... абадуддањр њамин љо бимонї... Маро баред.
Соњибро бардошта мебаранд. Носир нишаста мунољот мекунад.
Носир. Ай худованди азза ва љалл! Ай Њазрати Зулљалол! Ту худ донї, ки ман њаргиз дар ин куфр - дар ќатли ањли ислом раъй надодаам! Ай худованди бахшоянда ва мењрубон, аз гуноњи бандагонат гузар...
Њотифи Ѓайбї андўњгинона меояд.
Њотиф. Шайхи бузургвор, Худованд туро фаромўш намекунад. Њакимон аз муолиљаи Соњиб ноилољ мондаанд ва аз писараш талаб кунанд, ки ба ту мурољиат бикунад. Ту дар љавоб бигўй, ки барои љустани гиёњи давої бояд ба кўњистон равї. Ин бањона ба халосии ту шавад. Аммо эњтиёт бош, ки дар њама љо барои ту љосусон гузоштаанд. Ва бидон, ки феълан дар њаќиќат, њама муслимин душмани ту гаштаанд.
Сањна торик мешавад. Фариштањо ќалъаро вайрон карда ба сањро, сипас ба бозори Нишопур табдил медињанд. Носирдар сафар аст.
Носир. Љуз дарду ранљ нагардид њосилам,
З-он кас, ки сўи Ў ба умеди шифо шудам.
В-аз молу шоњу мир чу навмед шуд дилам,
Зї ањли тайласону аммомаву ридо шудам.
Гуфтанд, ки роњи дин бинамоянд мар маро,
Зеро ки з-ањли дунё дил пурљафо шудам.
Гуфтанд, ки шод бош, ки растї зи љаври дањр,
То шод гашт љонаму андар наво шудам.
Гуфтам чу номашон уламо буду кор љавр -
К-аз дасти фаќри љањл бад ишон рањо шудам...
НАМОИШИ 7.
Бозори Нишопур. Фаќењон Нотуси Маѓрибии дастбастаро меоранд.
Фаќењон. Халоиќ! Надидам нагўед, нашунидам нагўед! Душмани ашаддии ислом бо амри амиралмўъминин ба љазои олї кашида шуд! Инро сангсор мекунем.
Фаќењи 2. Дар пеши халоиќ собит мекунї, ки мулњиди худобехабар њастї?!
Нотус. Ман бехудо нестам:
Дар ду гетї нест чизе љуз худой,
Дар замону дар макину дар макон.
Фаќењи 1. Иќрор шав, чаро баддин гуфтаанд туро?
Нотус.Он њамегўяд имрўз маро баддин,
Ки ба љуз ном надонад зи мусалмонї.
Шўру ѓавѓо дар байни халќ.
Фаќењи 2. Аз асли масъала дур нашав, халоиќро ба иштибоњ наандоз! Рост бигўй: аз чї туро рофизию ќарматию мўътазилї номидаанд?
Нотус. Азбаски рўй ба њаќтаъоло овардаам ва асли исломро омўхтам ва ба умќи он назар кардаам ва њикмати исломро дарк намудам.
Фаќењи 1. Ботини ислом байни мусалмону куффор тафриќа нагузоштан аст?
Нотус. Ин маънї дар Ќуръони азимушшаън нозил шудааст. Шайх Носири Хусрав ба ин маънї фармудааст: «Эзиди таъоло љињати рањнамоии мардум шаш расул фиристодааст, ки њар кадом дар тарафе ќарорљой доранд. Одам аз сўи зери инсон, Нўњ аз сўи чап, Иброњим аз пас, Мўсо аз сўи забар, Исо аз рост ва Њазрати Муњаммад аз пеши Инсон љой гирифтаанд. Њар пайѓамбари нав аввал рисолати пайѓамбари пешгузаштаро эътироф намуда кори ўро давом додааст».
Фазили ту чист? Бингар ба тарсо,
Аз сар њавас бурун куну савдоро,
Ту мўъминї гирифта Муњаммадро,
Ў кофиру гирифта Масењоро.
Эшон паямбаронанду рафиќонанд.
Чун душманї ту бењуда тарсоро!
Фаќењи 2. Инак, куфри ту собит гашт: ту њаме шеъри Носири Хусравро мехонї! Пас, ту шогирди ўйї?!
Нотус. Бале, ифтихор дорам, ки шогирди Ќутби илму њикмати ислом Шайх Носири Хусрав њастам!
Фаќењи 2. Пас санг занед инро, ки Носири Хусрав душмани ислом эълон шудааст. Шогирди ў низ мўљиби ќатлу сангсор кардан аст!
Ошўб дар байни издињом. Мўзадўзи Нишопурї низ он љост.
Мўзадўз. Худоро эътироф мекунї?
Нотус. Бале.
Мўзадўз. Ў ба фикри шумо куљост? Сифатњояш чї гуна аст?
Нотус. Зи нури ў ту њастї њамчу партав,
Вуљуди худ бипардозу ту ў шав,
Њиљобат дур дорад гар наљўй,
Њиљоб аз пеш бардорї, ту ўйї!
Мўзадўз. Ман Худоям?! Ё тавба! (Ѓалоѓула дар издињом.)
Фаќењон. Ширки ин маълум гашт! Таълимоти Носири Хусрав исломро аз дохил заиф мекунад! Занед ин кофири мулњидро!
Фаќењи 2. Касе ки барои охират коре карданї бошад, ин малъуни кофирро санге занад ва гўшташ бо анбўр канад, то коре дар ислом карда бошад!
Фаќењи 1. Савоб гиред барои тўшаи охират! Занед ин мулњидро!
Издињом Нотусро сангсор мекунад. Мўзадўз низ бигизашро ба баданаш халида порае аз гўшташро меканад. Нотус то дами вопасин шеър мегўяд.
Нотус. З-он, ки динро дом дорад, бештар парњез кун,
З- он, ки сўи ў чу омад сайдро зинњор нест.
Гоњ гўяд: з-ин бибояд хўрд, к-ин пок асту хуш,
Гоњ гўяд: не, нашояд хўрд, к-ин куштор нест.
В-ар барї зи ў ба ришват аждањои њафтсар,
Гўяд ин фарбї яке ёрест, биллоњ мор нест.
Њилату макр аст фиќњи ўву илми ўву сўи ў.
Нест доно њар, ки ў мўњтол ё маккор нест.
Гар-ш ѓўли шарр гўї, љойи ин гуфтор њаст,
В-арш деви дањр гўйї, љои истиѓфор нест...
Нотус њалок мешавад. Издињом меравад. Мўзадўз низ ба дўконаш мешинад.
Носири Хусрави хастањол меояд.
Носир. Кафши маро тармим бикун.
Мўзадўз. Хуб. Ин реги биёбонњои дуродур аст. Аз њаљ меої магар?
Носир. Бале. Ин чї ѓавѓое буд дар бозор?
Мўзадўз. Як кофирро сангсор карданд! Шогирди Носири Хусрав будааст!
Носир. Шогирди Носир? Номаш чї будааст?
Мўзадўз. Номаш... Нотуси Маѓрибї. Мулњид буд, вале шеърро хуб мехонд!
Носир. Ў худ иќрор шуд ба мулњидияш?
Мўзадўз. Бале. Бо ифтихор гуфт, ки шогирди Носири Хусрав аст. Пас, иќрор шуд! Ман њам аз ќатор намондам: Ана бо ин бигизам пораи гўшташро кандам.
Носир. Худоё, чї берањмї?! Аз чї ба ин амал даст задї?
Мўзадўз. Барои тўшаи охират. Охир куштани кофир савоб аст!
Носир. Куфри ўро дар чї шинохтї?
Мўзадўз. Ман чї донам? Гуфтанд, ки кофир аст. Пас, кофир аст.
Носир. Ба чї айбе кофираш хондаанд?
Мўзадўз. Ба гумонам, вай кофиру мусалмонро яке хондааст! Пайѓамбаронро бародар њисобид! Ќуръону Инљилро яке донист!!
Носир. Ту Ќуръонро ба пуррагї хондаї?
Мўзадўз. На.
Носир. Инљилро медонї?
Мўзадўз. Маро, ки мўзадўзам, ба фалсафаи яњудиён чї кор аст?
Носир. Пас, ба чї љигари як олим чок кардї? Шояд, ки ў њаќ бошад?
Мўзадўз. Ман чї донам? Гуфтам аз ќатор намонам, савобхалтаи худро пур кунам. Магар мусалмони асил чунин накунад?
Носир. Фаразан тарафдорони ў биёянд ва якеро аз мухолифони худ ба куфр фатво дињанд, љигари ўро њам чок бикунї?
Мўзадўз. Бале. Он чї доноён мегўянд, бовар дорам.
Носир. Пас ин кор на аз рањи фазл кардї?
Мўзадўз. Ман чї донам? Њама чунин кунанд.
Носир. На. Кори ислом ба аќлу тафаккур аст, на ба таќлиди кўрона!
Мўзадўз. Ту њам олимї? Ту њам пайрави Носири Хусравї?!
Носир. Кафши маро бидењ! Дар шањре, ки шеъри Носири Хусравро мехонанд ва сангсор мегарданд, ман нафас кашидан натавонам! Меравам аз ин макон!
Кафшашро гирифта меравад.
ИНТЕРЕМЕДИЯИ 4.
Майдонњо. Носири Хусрав байни издињом ваъзњо мегўяд аз боби инсоф, имон, ислом, асли дин, аркони дин ва ѓайра. Гање ўро ќабул медоранд, гање шўру ошўб мекунанд, вале њамеша дар хотима ба ў эњтироми худро изњор мекунанд.
НАМОИШИ 9.
Дараи Юмгон. Носири хастаи нотоб китоб менависад. Љањоншоњ бо ањли рикобаш пиёда, таъзим карда меояд.
Љањоншоњ. Дуруд, њакими бузургвор, Носири Хусрав.
Носир. Дуруд, ай њокими некнињод. Љањоншоњ ибни Гев - малики Бадахшон.
Љањоншоњ. Ба саломи ту омадам. Аз ин пас туро дар саросари мулк Њуљљатулњаќ Шоњ Носири Хусрав бихонем. Мехоњам, ки туро ба пойтахти мулк барам ва бар ту маснади вазирї бубахшам ва пайваста дар хизмати ту бошам.
Носир. Ташаккур, малико. Ман марди олимам ва калонсол шудаам, амри вазорат маро намебояд. Ваќт бароям ѓанимат аст ва мебояд, ки ба илми тафсир машѓул шавам ва корњои зиёде анљом дињам.
Љањоншоњ. Њарчи гўйї ба љон ќабул дорам. Дар пойтахт њама шароит бароят муњайё бикунам, то њама тафсири худ анљом дињї.
Носир. Ай бузургвор малик, њарчи зулм дидам, дар боргоњи амирон дидам, аз уламолаќабону аз фуќањои дарбор дидам. Аз макри уламо, њасади фуќањо умри ман барбод рафт. Хоњам, ки дигар маро зањмат надињї ва дар ин ѓор осуда гузорї. То ки ман танњо риёзат кашам, зикри оллоњ кунам ва тафсири адли ислом нависам.
Љањоншоњ. Њарчи Њуљљатулњаќ бигўяд, шоиста бошад. Ман фармонбардори туям ва њама ёрони ман мунќоди ту њастанд. Њар њафта ман ба хидматат оям ва њарчи лозим аст, бароят аз дилу љон муњайё кунам.
Носир. Нек бошад. Ин њам аз лутфу мењрубонии эзид аст.
Љањоншоњ. Аммо шўњраи ту дар саросари љањон афтода ва пеши роњи халќ ва муњаббати халќро гирифтан мањол аст.
Носир. Њарчї фармудаи Њаќтаолост, њамон шавад. Ман ба фармони ўям.
Љањоншоњ. Муташаккирам. Ман фармонбари туям!
Даст бўсида меравад. Носири Хусрав китоб менависад. Шогирдон китобњои навиштаи ўро рўйнавис мекунанд ва ба таблиѓот мебаранд.
Носир. Амонам дод чандон чархи гардун,
Ки суфта ин муборак дурри макнун.
Хирад дар отири мо рахт бинњод,
Зи маънї дар дилам сад чашма бикшод.
Зи сирри ишќ воќиф шуд равонам.
Бишуд айн-ул яќин яксар гумонам.
Бад ин нодонию аљзам бубахшой,
Маро аз фазл роњи рост бинмой.
Зи дасти нафсу ѓавѓои шаётин
Аѓаснї, ё ѓиёс-ул-мустаяѓсин!
Њотифи Ѓайбї меояд. Носири Хусрав танњо мемонад.
Њотиф. Ба чї нишастаї, Носир? Њаме тафсир менависї?
Носир. Шукри эзид, тафсирњоро ба анљом расонидам. Хоњиши Аллоњ он аст, ки њама одамон ба тавњиди ќудсї расанд. Вале баъзе мехоњанд тавассути адёну мазњабњо дар байни фарзандони бани Одам тафриќа андозанд.
Њотиф. Накў коре кардї, зањматњои зиёд кашидї, вале ба домани маќсуд расидї. Ин љањонро мебинї, ки равшан гашта?
Носир. Бале. Ин нури чист? - Нури Њазрати Зулљалол аст?!
Њотиф. Шодмон бош, ки ба дурри маќсуд расидї. Ту худро шинохтї.
Носир. Кистам ман?
Њотиф. Туї љони сухангўйи њаќиќї.
Ки бо рўњулќуддус доим рафиќї.
Сифатњоят сифатњои худоист,
Туро ин равшанї з-Он рўшноист.
Зи нури Ў ту њастї њамчу партав,
Њиљеб аз пеш бардору Ў шав,
Њиљобат дур дорад, гар наљўї!
Њиљеб аз пеш бардор - ту Ўйї!
Агар даъво кунам, њаќќо, ки љоест,
Ба маънї Носири Хусрав худоест.
Зи дунё то ба уќбо нест бисёр,
Вале дар рањ вуљуди туст девор.
Носир. Њазорон шукр Њазрати Зулљалолро, ки бахшоянда ва мењрубон аст.
Њотиф. Њоло маро шинохтї, ай Носир?
Носир. Бале. Ту чизе нестї илло мани ман! Ман на манам, на ман манам. Ту худ наї, ман њастї ва ман туям. Ту асли манї, ман зоњири туям.
Њотиф. Саодати абадї бар ту бод, ки расидї ба РЎЊУЛЌУДС!
Носир. Шукри бењад Рўњи Покро.
Њотиф. Чї мехоњї аз Њазрати Зулљалол? Бифармой, то аз мукофоташ бањра барї. Њарчї мехоњї, бифармой.
Носир. Танњо посухии саволњоеро мељўям, ки умре маро осуда намегузорад.
Њотиф. Дархости мардони асил чунин бошад. Бипурс.
Носир. Худовандо, ман малулам аз кашокашњои ќисмати њамљаворон, аз фиребу аз шикасту аз печутобњои думболадор, аз сангњои љафои љонхароши роњи њаќиќат. Ман малулам, аз тинати шайтон, аз амали Иблис, ки ба рагу љони њамкасони ман танида пайваста рўњро азият њамедињад ва Аќли шарифро тира мегардонад. Ин њама имтињонњои беохир бањри чист? Агар сад бор маро дар кўра гудозї, сад бор маро бо васвасаи Иблис ба њавои њавасњо барї, сад бор дар оташ нагунсор кунї, ман њамонам, ман њамонам, ман њамон: дар рањи ту устувор, дар љустуљўи Туям ва дар амал ба фармудаи ту рафтор кунам. Вале чаро ба Иблис имкон медињї ки њамкасони маро ба ин талхї азият дињанд? Ин магар амали туст ва ин магар шоистаи хилќати илоњист? Худоё, ин њама олами љамил сириштї, вале Иблис, њавасњои ноќис дар дили одам бањри чї офаридї? Азиятњои њамљаворони ман аз бањри чист?
Рўшної ба таври аљиб чарх мезанад ва равшантар мегардад.
Њотиф. Барои худ дархосте бигўй.
Носир. Худоё, арзу тўли оламатро
Тавонї дар дили мўре кашидан.
На вусъат дар даруни мўр орї,
На аз олам сари мўйе буридан
Нињоли фитна дар дилњо ту киштї
Дар оѓози халоиќ офаридан?
Ту дар рўзи азал оѓоз кардї
Уќубат дар абад боист дидан?
Ту додї рахна дар ќалби башарњо
Фани Иблисро бањри танидан?
Ба мо фармон дињї андар ибодат,
Ба шайтон дар рагу љонњо давидан?
Ту гар хилќат намудї бањри тоат,
Чаро боист шайтон офаридан?
Чаро боист аз њавли ќиёмат
Чунин ташвишњо бар дил кашидан?
Агар матлаб ба дўзах бурдани мост.
Тааззур чанд бояд оваридан?
Ту дар иљрои тоат ваъда додї
Бињишт аз музди тоат офаридан:
Вале он музди тоат бо шафоат
Чу миннат аз ту мебояд кашидан.
Агар некам в-агар бад, хилќат аз туст.
Халиќе хуб боист офаридан.
Ба кас чизе ки наспурдї, чї хоњї
Њисоб андар талаб бояд кашидан.
Агар бар неку бад ќудрат бидодї.
Чаро бар неку бад бояд расидан?
Агар сад бор дар кўра гудозї.
Њамонам боз ваќти хеш дидан.
Агар дар њашр созам бо ту даъво.
Забонро бояд аз комам кашидан.
Агар мехостї инњо напурсам.
Маро боист њайвон офаридан?
Нур чарх мезанад ва равшантар мешавад.
Њотиф. Посухи суолатро мешунавї?
Носир. Эњсос мекунам, идрок мекунам. Худоё, бубахшой шаккокии бандаро! Фањмидам, ки ин њама неку бад аз њавасњои мардумист. Ту падид овардї љамеи оламро, коинотро, Шамсу Ќамарро, њама мављудотро барои бани одам, то нек зиндагї кунад, ба роњи рост равад, ба ќудрати Аќли нотиќа рањи адлу њаќ пазирад. Аммо Одамї на њамеша ба фармоиши Аќли кулл амал кунад, њаме ба зоњир худро накўхоњу, накўбин вонамуд кунад, дар забон аз некї сухан гўяд, вале дар дил амалњои зишту ќабењ андешад, ба зоњир порае аз неъмати худододро ба бечорае садаќа кунад ва дар андешаи аз ќавми бечорагон ситонидани њазор андар њазор динор бошад, њатто Ќуръони азимушшаън ва дини мубини ислом, Инљили Исо ва дини масењо, оташи муќаддас ва дини зардушттї, бутњои илоњї ва дини бутпарастї - њама кулли муќаддасот ба зоњир парастиш кунад, ситоиш кунад, ќурбонињо кунад, аммо дар амал мусњафи муќаддасро доми тазвир ќарор дињад. Афсўс, афсўс, њазорон афсўс... Айб дар холиќ нест, айб дар халоиќ аст, дар одамизода аст!
Сухан кўтоњ, аз ин матлаб гузаштам.
Сари ин риштаро бояд буридан.
Надорад кас аз ин дар ноумедї.
Ба умеди худаш бояд расидан.
Њотиф. Бори охирин мепурсад, ки барои худат ниёзе дархоњ.
Носир. Ай худованди азза ва љалл. Ай Њазрати Зулљалол! Ай Рўњи муќаддас! Барои худ як илтиљо дорам: њарчи дидам дар Машриќу Маѓриб инсони комиле љустам, љамоаи комиле љустам, њавасњои комили инсонї љустам. Аммо ин бароям муяссар нашуд. Ман малулам аз ин ноумедї, аз танњої, аз берафиќї. Шафоате кун, бигўй, ки ин азият бањри чист? Дигар тобу тоќати људої надорам!
Нур равшантар мешавад ва чарх мезанад.
Њотиф. Худованди азза ва љалл бар он аст, ки њаёти ту ва зањмати ту ва талошњои ту ва китобњои ту ибрате буд барои њамљаворон, барои мардуми њама асру замонњо. Бо сабру ќаноат, бо амали накў бо љилои Аќли нотиќа бар ивази њама ранљњо ту нишон додї ба њамљаворон роњи тариќати некўро, роњи муќаддасро, роњи расидан ба њаќро! Ва китобњои ту ва худи ту нуре шудї сиришта аз њикмати илоњї ва рўшан намудї барои њамљаворон роњи Њаќиќатро. Ин буд Рисолати ту! Њамин аст Манзалати ќудсиён! Њамин аст њидояти ќудсиён!
Носир. Ай худованди азза ва љалл, дигар тобу тоќати фироќи туро надорам! Маро бо худ бибар, дигар дар байни њамљаворони ноустувору носеру дурўя зистан намехоњам! Дар кулли олам љое наёфтам барои худ. Нест љое маро бењтар аз канори ту. Маро бо худ бибар. Маро бибар. Бибар...
Рўшної чарх мезанад ва вусъат меёбад.
Њотиф. Инак шод бош, ки расидї ба водии муњаббат, расидї бар висоли мањбуб, расидї бар кулли маќсуд!
Рўшної фарохтар шуда њам Њотиф ва њам Носири Хусравро фаро мегирад. Носир бо Њотиф њулул мешавад. Симои пурнури Носир чун њайкал шах мешавад. Фариштањо ба ў пироњани сафед мепўшонанд. Ќањрамонон омада ба Носир таъзим мекунанд.
Чун дар оѓози намоишнома мардум аз Ѓори азал баромада гурўње боз ба Тахту Ноњиду Нон дармеафтанд. Вале бештари мардум гирди њайкали пурнури Носир меоянд. Дигарон низ аз болои тахту аз назди нону Ноњид дур шуда ба ў сар фуруд меоранд.
Овози Носири Хусрав.
Нињодам ин китоби рўњпарвар,
Кушодам бар дили ањли хирад бар
Ба шеъри хуби ширин љонфизое,
Ба њикмат дар сухан мўъљазнамое.
Касеро рањ намуда ин њидоят
Њамин дафтар гувоњи ман кифоят.
Агар сањве бирафт аз мол, фурў кун,
Дарида пардаи корам руфў кун.
Сипоси шукрат, эй донои зўрманд
Ки бикри тоза пайдо кардї аз ман.
Аё Носир, ту дар роњи худованд
Умеди рањматаш бар хеш пайванд.
Фариштањо Носирро ба осмон мебаранд. Мардум дар њайрату надоматанд.
ПАРДА.
2002 с.
Свидетельство о публикации №223031901134