Васвасаи нафс мазхака

ВАСВАСАИ НАФС

(мазњака)















Душанбе
1999 – 2019






ИШТИРОКЧИЁН:

Сафо – нобиѓа.
Олам- зани Сафо.
Табар - мансабдор.
Карашма - зани Табар.
Теша - тољир.
Дунё - зани Теша.
Профессор.

































Ќисми 1.
Њавлии Сафо. Љињози оддї. Сафо рўи суфа китоб мехонад. Олам ѓурбаткунон њавлї мерўбад. Сафо ањамияте надода бо кайфияти хоса ќироатро давом медињад.

Сафо. Аљаб китоби хуб...
Олам. Мурдию љота наёфтї! Хез, Инља шин. Инљаро рўбам.
Сафо. Хуб. Аљоиб гапњо дар ин љо...
Олам. Олимњо мурданду ту олим шудї! Хез инља шин! Сањарї мардум аз паи ризќу рўзї мераванд, шўи ман китоб мехонад! Хез, инља шин... Чї китоб аст ин?
Сафо. Китоби Љумъа Ќуддус «Љазирбод». Љои зўраш омад.
Олам. Ље Ќуддус зўр мебуд, дар хонаи худаш мушњо бо асо намегаштанд. Барои пул навишта аст-да! Ту дигар кор надорї?
Сафо. Не… Тавба... Њозир мегўяд «Аз кал шонаву, аз ту кор»...
Олам. Аз кал шона пурсу аз ту кор! Ба ягон тараф мерафтї.
Сафо. Бењтараш, ба боѓча рафта мехонам.
Олам. Э, вой-е! Ман ба Россия рафта гум шав, мегўям! Мисли Табаралї ба Япония рав мегўям! Мисли Теша ба Арабистон рав мегўям.
Сафо. Дуруст… Њозир мегўяд: «Тоќатам тоќ шуд»…
Олам. Э, вой-е! Тоќатам тоќ шуд! Ман намегўям, ки њамсояњо «љип» доранду ту аќаллан хар надорї! Аќаллан саќич фурўхта наметавонї!
Сафо (мехонад). Товба... мегўяд: «Ман баромада меравам...»
Олам. Не, ман баромада меравам! Тамом!
Сафо Олиљаноб! «Ман ин рўзро 25 сол интизор будам...» - мегўяд.
Олам. 25 сол интизор будї?! Номард! Разил! (Бо љорўб мезанад).
Сафо. Дар дањани куњна…
Олам. Дар дањани куњна гапи нав?! Худољон! Ё љони мана гир, ё љони ина!
Њамсояњо меоянд.
Дунё. Э, шармандањо, рўз медињед, ё не?!
Карашма. Љанги Афѓонистон тамом шуду љанљоли шумо не! Шарм доред-е!
Табар. Як бори дигар маѓал кунед, дар назди њукумат љавоб медињед! Шумо бо љанљолњоятон њатто харњои мањалларо нороњат мекунед!
Теша. Намемонед, ки оромона ишќ варзем, араќ хўрем, доллар њисоб кунем...
Дунё. Номи пулу доларра нагир. Истироњат гўй, охир...
Теша. Э, истироњат дар хонаи Карашма мешавад. Саволњои ту сара вайрон мекунад. Карашмахон гапи дигар: ороми љон, роњати љон...
Дунё. Исто, исто! Дар хонаи Карашма чї хел истироњат будааст?!
Табар. Чї гуфтї, њамсоя?!
Теша. Не, маро дуруст фањмед: бо мошини пулњисобкунакатон долларњоро санљида пулњоро дарза мекунему баъд...
Табар. Чї баъд?!
Теша. Дигар њељ чиз не. Пулњисобкунии мошинї худаш истироњат!
Дунё. Не, ту чизи дигарро дар назар доштї! Вой дилам…
Табар. Баъд чї-ї! Росташро гўй!Вой, сарам!
Сафо. Вазнин шавед, њамсоя. Тешабой шўхї кардаанд.
Теша. Рост, занак. Мо барои насињат омадему инњо моро насињат мекунанд!
Карашма. Аз њамсоя аќлу фаросатро ёд гирифтан лозим.
Теша. Њаргиз! Ни-ког-да! Невер! Амрикоињо мегўянд: «Доно бошї, бигў, ки чаро ин ќадар ќашшоќї»? Ман аз ќашшоќ њељ чиз намепурсам! Рафтем! Аз сад доллар мондам-е! (Њарду мераванд).
Сафо. Мебахшед, шуморо нороњат кардем.
Табар. «Бо Карашма истироњат мекунам» гуфт?! Дар хонаи ман?
Карашма, Вий! Рангатон канд! Вий! Дилатон сахт мезанад!
Табар. Наход ки вай…наход, ки ту... Вой дилам... (Шах мешавад.)
Карашма. Наѓз. Ёрї дињед, њамсоя, то хона барам.
Њар се мераванд. Олам либосњояшро љамъ мекунад. Сафо бармегардад.
Олам. Ман намегўям, ки њамсояњоят мисли худат девона.
Сафо. Очеш, вазнин шав. Ман чизи дигарро дар назар доштам.
Олам. Хонаат ба худат монад, мо њам рафтем! Талоќама те!
Сафо. Мо нав соњиби пул кохи тилло мешавем, ту куљо меравї?
Олам. Бечора. Китобњои Љумъа Ќуддус туро девона кардааст?
Сафо. Не. Ман њамабин шудам, дили одамро хонда метавонам!
Олам. Чї-бин шудї?! Фолбин?
Сафо. Фолбин њам гўї мешавад: дар понздањсолагиам як пири мањосинсафед дар хобам даромада гуфт, ки 40 сол риёзат кашаму гуноњ накунаму китоб хонам, соњиби биниш мешавам ва се хоњишам иљро мешавад. Имшаб Њазрати Хизр ба хобам даромада гуфтанд, ки ба маќсад расидї: пагоњ ту њамабин мешавї!
Олам. Њазрати Хизр дар рўи ту моњ дидааст, ки бе ягон пораву ришва ин вазифаро ба ту медодааст?
Сафо. Ман чил сол риёзат кашидам, њалолу покиза зистам, ба занњои њамсоя чашм ало накардам, дар автобус бе пул савор нашудам, њама китобњоро хондам. Ана,  њар гапи туро ман пешакї хондам.
Олам. Ту савдої шудаї. Биё, пеши очаам равем, алас-палас кунад.
Сафо. Ман њамаро мебинам! Девору парда халал намерасонад.
Олам. Чиро мебинї?
Сафо. Њамаро мебинам.
Олам. Месанљем. Гўй, дар хонаи Карашма чї гап шуда истодааст?
Сафо. Тавба... Карашма шўяша хар карда, савор шудааст!
Олам. Њозир бинам (аз сари девор мебинад) Вий... Дар њаќиќат хар кардааст. Њо, ана вай одамони аз бозор оянда чї мегўянд?
Сафо. Онњо... «пул, пул, пул» мегўянд.
Олам. Одамони ба тарафи бозор раванда чї мегўянд?
Сафо.Онњо... онњо њам «пул, пул, пул» мегўянд.
Олам. Аз дили ман чї гап мегузарад?
Сафо. Ту дар дил мегўї: Рўша сиёњ мекунад мардак.
Олам. Рост-да.
Сафо. Боз мегўї, ки... «Агар рост бошад, як писар тўњфа карда номашро Бахталї мемонам!»
Олам. Дар њаќиќат, ту авлиё шудаї! Ту гений!
Сафо. Не... ман њамту- њамабин. Ва се хоњиши ман иљро мешавад.
Олам. Шуд! Ба њамсояњо гўям, аз њасад кафида муранд!
Сафо. Э, чї лозим? Занак, ист, ин њангома чї лозим?
Олам (њамаро хабар мекунад). Мардум! Шўи ман фолбин шуд!
Дунё, Табар, Карашма, Профессор меоянд.
Сафо. Чї лозим ин ѓавѓо? Ман ба боѓча рафта, ягон кор кунам.
Олам. Не-е! Акнун болои њафт ќабат кўрпача роњат мекунед.
Табар. Э, ин кори ту як масхарабозї.
Теша. Ња, методи нави пулљамъкунї.
Профессор. Њар кор шуданаш мумкин. Санљидан даркор.
Табар. Хуб. Гўй, ки аз дили ман чї мегузарад?
Сафо. Мегўї, ки рост бошад, барои гирифтани вазифаи нав истифода мебурдам.
Табар. Шуд, шуд. Рост менамояд. Тешабоя бин.
Сафо. Тешабой мегўяд; «кип»-њоро барорам, «Љип» мешавад.
Теша. Кифоя. Дили Профессора бин.
Сафо. «Барои менталитети миллии мо ѓайбдонњо авлиёњо, лозим»...
Профессор. Леди энд љентлмен! Сафоќул, имрўз авлиё, шудааст! Таъзим ба авлиё! (Њама таъзим мекунанд). Аммо ин ќувваи осмонї бояд ба манфиати љомеа, мувофиќи илм истифода шавад. Чї гуфтед?
Њама. Дуруст.
Профессор. Мо сарапарасти нобиѓа мешавем. Ба кулбаи Сафо олим, тољир, сиёсатмадори хориљї барои маслињат меоянд, ки таќдири рўи замиро њаллу фасл кунанд. Барои њамин, як дањдоллараи барои… кафанї захира кардаамро мебахшам.
Теша. Ана, сад доллар садаќа.
Табар. Маљбурам, ки ман њам садта дињам - сад рубли русї.
Профессор. Аз ин пас шумо падару мо фарзандони шумо.
Сафо. Шўхиро монед, профессор, шумо ба соли падарам њастед.
Профессор. Аз ин пас шумо паямбару мо умматони шумо.
Сафо. Ин хел нагўед, куфр мешавад.
Профессор. Фаќат барои ибрози се хоњиш саросема нашавед.
Њама. Рост.
Профессор. Манфиати тамоми љањонро фикр кардан лозим. Комиссия созмон медињем. Ман ягона профессор, раис. Аъзоњо - Табаралї, Тешабой, Карашма.
Олам. Ман чї?
Профессор. Шумо як зани нохондаи бечора, ба кї даркор?
Олам. Ман зани ана њамин Сафобеки фолбин!
Профессор. Аслан ба нобиѓа як зани дурусти чор кас медидагї даркор. Ин корро мо худамон њал мекунем. Розї њастед?
Њама. Розї.
Олам. Не намешавад! Чї, ман магар зани бад њастам?
Карашма. Албатта, Сафољони моро љонбезор мекардї.
Дунё. Ту баромада рафтанї будї? Чор тарафат ќибла, рафтан гир!
Олам. Не, ин беадолатї! Ман 25 сол ба азобу мањрумияти ин олим тоќат кардам! Акнун ман безеб? Нолозим? Гап зан, авлиёхўљабойљон!
Профессор. Мард ба гапи зан гўш намедињад, Сафобек.
Карашма. Ба як тори мўйлабатон сад зан кашол аст, Сафољон.
Дунё. Э, ин аљуза кирои гап намекунад.
Олам. Не ин хел намешавад! Аввал маро зебову љавон гардон.
Профессор. Шайтона пеш кунед! Гап дарп бораи менталитети миллат меравад!
Табар. Гап дар бораи шоњигарии љањонї меравад!
Теша. Гап дар бораи муллиардњо меравад!
Олам. Ба њаќќи шири ба бачањоят додаам, маро зебо гардон!
Профессор. Исто! Имконияти осмониро дуруст истифода бар.
Теша. Ин кампир ба ту чї даркор? Сад бева ба ту тасаддуќи садуќи садаќа мегардад!
Олам. Ба хотири тоќати 25-солаам, маро зебо гардон!
Сафо. Занам њаќ аст, њамсояњо. 25 сол њамроњ азият кашидем...
Њама. Не, шайтона пеш кунед!
Сафо. Поко-парвардигоро, илтиљо мекунам, зављаи маро љавону солиму зебо гардон.
Њама. Эњ нодон, як хоњиш њайф шуд!
Лањзае хомўшї. Таѓйироте намешавад.
Карашма. Њељ чиз нашуд-ку?
Олам (навмедона). Наход ин кор мушкил бошад?
Теша. Аниќ, найрангбозї будааст. Долларњои мана те!
Табар. Аз они маро њам те.
Профессор. Асосан, ин падида зидди раванди илм буд...
Олам. Маро шарманда кардї! Чаро дурўѓ гуфтї? Тамом! Худи њозир чизњоямро мегираму аз ин балохона меравам…  (Ба хона медарояд).
Дунё. Ба ту ин масхарабозї чї даркор буд?
Сафо. Чї донам? Њама аз ќудрати илоњї.
Њама. Маккор! Шарлатан! Аферист!
Аз хонаи дарун садои баланд мешавад. Њама хавотир.
Карашма. Боз инаш чї бало буд?
Дунё. Занат аз шарма худаша кушт!
Сафо. Не, хоњиши ман иљро шуд: Олам зеботарин зан шуд.
Дунё (ангушт ба чаккаи сараш расонда). Ин тамоман тамом.
Сафо. Ана бинед! Њазорон шукр, худованди азза ва љалла.
Олам дар либоси ороставу пероста мебарояд. Ба ноз роњ мегардад.
Њама. Чї хел зебо шудааст!
Олам. И-е, ман аз нав духтар шудам!
Карашма. Чи хел духтар? Духтар шудї?
Олам. Не, мисли духтарњо љавон шудам.
Дунё. Ман њам духтар шудан мехоњам! Сафољон!
Њама (пеши пои Сафо меафтанд). Ё бузургвор! Ё нобиѓа! Ё шайх! Ё паямбар! Шафќат бикун, авлиё! Мо муриди шумо!
Сафо. Эњ! Пояма ќитиќ накунед. Аз ќитиќ ќимобам!
Профессор. Истед! Алломаро азоб надињед! Комиссия корро давом медињад: Акнун Олам – раис, ман љонишин. Ќабули мењмонњои хориљї, тарљумонї, тартиб додани созишномањо тани мо.
Табар. Харољоти евроремонти хона, хўроку пўшокаш тани мо!
Теша. Сафарњои хориљиаш тани ман, барои дохилї - «Љипи» кўњнаам пешкаш!
Карашма. Мењрубонию лутфу навозиш тани ман.
Дунё. Њама чизи боќимондааш тани ман!
Олам. Ба ман чї?
Сафо. Мурам дар ту, Олам. (Ошиќона мебўсад).
Њама. И-и-иї…
Профессор. Дањ даќиќа Лайливу Маљнунро танњо мегузорем. Фикру дархостњоро хаттї ба нобиѓа пешкаш мекунем!
Њама бо њасрат ба Оламу Сафо нигариста мераванд.
Торикї.

ЌИСМИ II
Пешсањна - хонаи Табар. Табар ва Карашма.

Табар. Масъала бисёр љиддї. Инро дар њукумат дидан даркор.
Карашма. Дањ даќиќа ваќт доданд. Ягон чораи дигар лозим!
Табар. Ќарори њукумата бо ёрии Муродќул бароварда мўњру имзо гирифта дар пешониашон, ки задем, илољи дигар намеёбанд!
Карашма. То ќарори ту, Теша бо доллар њама кора њал мекунад!
Табар. Набошад, варианти «Б»-ро истифода мебарем:
Карашма. Ёфтани дили Олам?! Зуд ба њамон хунуки љодукарда дилат рафт?! Оњ, мардњо, дод аз дасти шумо, хиёнаткорњои модарзод...
Табар. Дили зана, ки ёфтам, вай ба Сафо њукмамонро мегузаронад! Ба вай, ки њукмамонро гузарондем, ту маликаи љањон мешавї!
Карашма. Хуб. Фаќат нагузаронї-я?!
Табар. Э, не! Вай девонаро ба сарам мезанам!? Њамааш ба хотири ту! Дуо те.
Карашма (бо гиря). Илоњинакам, дили Олами љодушудая… зуд ёвї!
Табар. Омин. Ташаккур, љонакам. (Меравад.)
Карашма. Лекин Сафоќул гоњ-гоњ ба ман нигоњ карда, дилаша меќапид. Ин чї маъно дошта бошад? Яке… дилаша худам ****-чї? (Хаёломез меравад.)

Пешсањна – хонаи Дунё. Теша ва Дунё.
Дунё. Доллара медињї, дилаша меёбї! - Дили худам њамин хел.
Теша. Фаќат бо доллар кор буд намешавад!
Дунё. Э худољон-е! Њам долларњома мегирифтааст, њам шўяма! Шўяма гирад, майлаш, ба долларњои ман чаќа нашавад!
Теша. Бе доллар њам намешавад.
Дунё. Ман дили Сафоќула ёваму долларњомона халос кунем-чї?
Теша. Э, ту мастї? Олами чучаи парї истода, Сафо ба туи кампир нигоњ мекунад?
Дунё. Ман кампир?! Пањ. Кай боз?!
Теша. Бењтараш, худо гўй, ки кори ман барор гирад. (Меравад).
Дунё. Оњњо. Њоло мебинем, ки чучаи парї кию кампир кї?

Њавлии Табар. Табар Оламро меорад.
Табар. Як бор ба кулбаи фаќиронаи мо назар кунед…
Олам. Оњњо, инља ќаср будааст-ку?!
Табар. Мехостам аз шумо бошад, аз таќдири бад ба Карашма расид. Вале ман аз гавњорагиам шуморо дўст медоштам. Соска-макии шуморо медидаму мегуфтам, ки кошки ман ба љои соскаи шумо мешудам!
Олам. Вой! Барои чї?!
Табар. Барои он, ки… шумо наѓзакак! шоколади сникерс...
Олам. Оњ, сарам чарх зад. (Ќариб меафтад).
Табар (ўро дошта). Ба шумо чї шуд? Духтурро љеѓ занам?
Олам. Не, аз ин гапњои шумо сарам чарх зад. Дар умрам ягон кас ба ман ин хел гапњои ширин нагуфта буд.
Табар. Акнун ман мегўям. Њарчи хоњед иљро мекунам!
Олам. Мисол, чї?
Табар. Доллар хоњед – доллар, мошин гўед - мошин медињам!
Олам. Њамин доллара агон бор дар дастам наќапидаам.
Табар. Ана доллар. Ќапед.
Олам. Рањмат. Гиред. Шуд.
Табар. Не, ин аз шумо. Чизе хоњед, медињам. Ана ин куртаро пўшед.
Олам. И-и-ї, ин аз они њамсоя- Карашмахон.
Табар. Ана ин пољомаро њам пўшед. Ана чучаи парї шудед.
Олам. Боз чї дода метавонед?
Табар. Боз... њарчї шумо фармоед.
Олам. Мехоњам, ки як вазифаи калон дошта бошам.
Табар. Мешавад. Ќарори њукумати ноњияро ба воситаи Муродќули таѓои занам мебарорему шумо соњиби вазифаи калони чор кас медидагї мешавед. (Бо телефон дар тамос мешавад.) Таѓо гап њамон. Вазифа лоиќи Олами Парї.  Сад халта картошка? Хуб. Ња, ња... Не, не... Рањмат. (Ба Олам) Ана, вазифа муборак шавад!
Олам. Боз чї дода метавонед?
Табар. Њамон Газ-31-и кўњнаам ба шумо маъќул?
Олам. Майлаш-у... боз чї дода метавонед?
Табар. Оооо... Њоло њам кам? Ммм… Гўед чї мехоњед?
Олам. Як чиз мехостаму шарм медорам.
Табар. Бешармона гуфтан гиред! Њозир демократия! Гўед.
Олам. Хар мехоњам, хари калон мехоњам, ки болояш савор шавам.
Табар. Хар?! Хари калон- худи ман! Савор шавед! Чорхез мезанам.
Олам. О, ин чї хел мешавад?
Табар. Шумо як ишора кунед, харигарї аз ман! Савор шавед.
Олам. Вай, чї хел наѓз!
Табар. Гўши роста кашед, рост, гўши чапа кашед, чап меравем.
Олам  (ба ќафояш мезанад). Ин хел кунам-чї?
Табар. Чорхез мезанам!
Олам. Вой! Чї хел наѓз! (Хала мекунад). Ин хелаш чї?
Табар. Акнун шатта мепартоям!
Олам. Вой! Шумо хари њангї! Дилам њаво гирифт!
Табар. Акнун поятонро мегазам!
Олам. Ура! Тамоман хари њаќиќї шудед!

Хонаи Сафо. Сафо дар љустуљўи Олам мешавад.
Сафо. Олам?! Куљої Олам?! Мебинам. Кадом бечораро хар кардаї? Фаро, ин куфр аст! Бало занад, мављ гум шуд. (Мисли робот бо хати њаракати Табар меравад).

Хонаи Табар. Идомаи харигарї. Олам аз болои Табар меафтад.
Олам. Акнун боз чї мехоњед?
Табар (ангушти ишораашро боло мекунад). Як чиз...
Олам. Хайрият...
Табар. Ман як умр љонишин будам: љонишини раиси фермаи мурѓ, љонишини идораи тухм, љонишини пашм. Мехоњам, ки шўи ту маро раиси калони љањонї кунад.
Олам. Уф... Тамом? Ягон хоњиши дигари шахсї надорї?
Табар. О-оњ... кошки…
Наздик шуда бўсидан мехоњад. Сафо дарро мекўбад.
Сафо. Олам! Баро! Ман туро мебинам! Баро, девонагї бас.
Олам. Вой, ин шўи ман! Мекушад.
Табар. Натарс, ин љо як роњи дигар њам хаст: барои халосшавї аз Карашма сохта будам. (Бо роњи дигар мегурезонад).
Сафо. Кушо дарро! Табар! Баро!
Карашма дарро кушода мебарояд.
Карашма. Лаббай, њамсоя? Биёед, хуш омадед.
Сафо. Аљоиб... Келин, шумо њастед? Табаралї њамин љост?
Карашма. Ња, телевизор тамошо мекунад. Мазњакаи Ље.Ќуддус будааст: «Хар кардани мард». Љеѓ занам? Дароед.
Сафо (гаранг шуда). Пешнињодатонро барои барнома омада гўед.
Рафтанї мешавад, ки Табар аз хона мебарояд.
Табар. Эњ-ња! Офтоб аз куљо баромад? Биё, њамсояи азиз, Сафобектўра! Биё, њамроњ кабоб хўрем. Бе ту њељ чиз аз гулўям намегузарад! Ман туро дўст медорам!
Сафо (ба як тараф). Чї дурўягї.
Табар. Хоксорї накун. Аз боло гузар.
Сафо. Асли туро мебинам.
Табар. Намефањмам, равшантар бигўй.
Сафо. Боз хафа нашавї?
Табар. Не-ю, фаќат ба гўши ман бигў.
Сафар. Дар дил мегўї: умре љонишин њастам, мехоњам раис шавам. 
Табар. Охир, марди бевазифа хору залил аст, пайтоваи пои дигарон аст! Марди бевазифаро марг авлотар аст!..
Сафо. Ояндаи туро мебинам: аз вазифа суииистеъмол карда, ба мањбас меафтї,
Табар. Њмм… Мебинем. Ѓалаба насиби мо мешавад. (Меравад).
Сафо. Олам, куљо шудї? (Ба хонаи худ меравад).
Дар гўшаи дигари сањна - хонаи Теша.
Теша Оламро аз дасташ кашола карда ба њавлиаш медарорад.
Теша. Аз њама љои бехавф хонаи ман!
Олам. Оњ дилам дар гирифт!
Теша. Ман мардам охир! Дармегиронам дили зана! Месўзонам!
Олам. Ташна мондам, об мехоњам.
Теша. Ман миробам! Об мемонам!  Мисли гул мешукуфї.
Олам. Марожни мехоњам.
Теша. Барои ту аз худи Париж марожни меорам. (Телефон мекунад). Ало, Франция?! Парижљон, чи хелї? Мадоннаљон, аз майдони Монматра якта морожнии калонаша бо самолёти ман равон кун. Ња, ња... Не, не... Кипњо рафтанд, «Љипњо»-ро равон кардан гир. Баъди морожени? Хуб. Комса-комса. Лямуѓ... Чао-чао. (Ба Олам). Ана, њозир марожени мешавад. Ман мурам дар духтари зебои мароженихурак.
Олам. Шумо самолёт доред?
Теша. Самолёт, вертолёт, ракета, БТР, ПТС! Њамааш аз шумо!
Олам. Уф, сарам ба дард омад.
Теша. Ана дору - доллар! Ина се бор гирди сарат давр занонда, дар банди дилат љой мекунї! - Тамом, дарди сар гум мешавад!
Олам. Оњ! Дар њаќиќат, дарди сарам гум шуд. Боз чї дору аст?
Теша. Ммм... (Сар мехорад). Боз њарчи, ки ту гўї!
Олам. Як доруи наѓз- њуљљати ширкати байналхалќии инвестиционї.
Теша. Воњ! Ина аз куљо медонї?
Олам. Хаёлатон, мо аз дунё бехабарем? Китобу газета  мехонем.
Теша. Мешавад.
Олам. Не, мўњру имзо карда ба дастам меќапонї, баъд... мешавад.
Теша. Чї мешавад?
Олам. Њамон хости дилат. 
Теша. Э, ња-е. Њозир… (сим мезанад.) Чак, худатї? Худамам... Гап њамон гап. Як ширкат ба номи Олам тахт карда фирист. Спонсор аз  Америка бошад.
Олам. Ин «Чак»-аш кї буд?
Теша. Љўраам аз Америка – Чак Норис. Боз чи мехоњї?
Олам. Њм, кора осон фањмидї? Бечора Табар бароям хар шуд.
Теша. Ман худам харам! Њи-а! Њи-а! Хари калон мешавам!
Олам. Не, бењтараш саг шав.
Теша. Бењтарин саг мешавам. Ав-ав-а-в! Њаф-њаф-њаф!
Олам. Не, аз шумо саги хуб намебарояд.
Теша. Биёед, хар шавам.
Олам. Не хари наѓз - Табар. Ку як гург шавед.
Теша. Бо љону дил. У-у-у-у! У-у-у-у-у!
Олам. Э, ин чи хел гург? Нашуд.
Теша. Барои чї нашуд?
Олам. Охир гург њуљум мекунад! Мегазад, медаронад!
Теша. Э, ња-а… Ана њозир! У-у-у-! Њуљум мекунам!
Олам. Вий?! Метарсам...
Теша. Мегазам!
Олам. У-у-у-!
Њавлии Сафо.
Сафо. Ношукрињот, Олам! Боз чї балоро сар кардї? Баро! Боз кадом бечораро саг кардї?! Бас кун дасисаро!
Дар хонаи Теша бозии Оламу Теша дар айни ављ аст.
Олам. Урра! Гурги њаќиќї! Аммо ин ќадар карахт?
Теша. У-у-у! Медаронам! Мехўрам!
Олам. Ана ин гурги њаќиќї! Ба њар хизмати ту тайёрам! Чї мехоњї?
Теша. Як чиз ...
Олам (бо интизории њаяљонангез). Хўш…
Теша. Мехом, ки шўят ба ман як вазифаи калони серпулакак ёфта дињад. Зеро ки бо вуљуди пули бисёр доштанам, мардум ба ман мисли дузд муносибат мекунанд. Вазифа гирам, албатта њурмат мекунанд ё аз тарс эътироф мекунанд!
Олам. Тамом? Ман ба њама хизмати ту тайёрам...
Теша. А? Ња?! Наход, ки-е... Њозир!
Оќибат Сафо назди дарвозаи Теша ќарор мегирад.
Сафо. Ё худованди азза ва љалл, ин чї шармандагист…
Олам. Акнун гурги њаќиќии дарранда шав!
Теша. У-у-у! (Оѓўш карда бўсидан мехоњад).
Сафо. Дарро кушо, Олам! Мебинам туро!
Олам. Бало зад! Ин шўи ман. Аз чашми њамабини вай рўз надорам!
Сафо. Баро, ки њардуятро дуои бад мекунам!
Теша. Мо ду дар дорем, бепарво бош. Меравем.
Теша бо дари дигар Оламро мегуселонад.
Дунё дарро мекушояд.
Дунё. Э, Сафољон. Биёед, хуш омадед! (Бўсидан мехоњад, Сафо худро ќафо мекашад). Биёед...
Сафо. Ммм... Мебахшед, зани ман куљо шуд?
Дунё. Мани ошиќи хастаи дилфигор инљову шумо киро мекобед? Биёед, шоми тираи маро равшан кунед. Самбўса тайёр. Шумо самбўсаи кадугиро наѓз мебинед, ё гўштиро?
Теша аз љониби дигар, гўё аз кўча меояд.
Теша. Биё, њамсоя, биё, нобиѓа! Якта бузи зўр дорам, њозир «шартї» сараша гирифта якта кабоб мепазем.
Сафо. Буза ором гузоред. Дархостњоро пешнињод кунед. (Меравад).
Дар кўча Сафо бо Профессор рўбарў меояд.
Профессор. Устод, ана ин патенти академия барои нобиѓагии шумо.
Сафо. Ташаккур-у…
Профессор. Хаста менамоед. Тинљї њаст?
Сафо. Аз рафтори занак андешамандам.
Профессор. Айби худатон: бе маслињати мо зебо кардед, аз худ рафт.
Сафо. Домулло, ўро як насињат кунед. Шумо - профессор. Шояд таъсир кунад. Набошад аз дасти Табару Теша шарманда мешавем.
Профессор. Лаънат ба Табару Теша. Хуб. Мо дар хизмати шумо. Охир мо њамин илма хондагї. Ин вазифаи мо! Шумо бепарво бошед! (Ба як тараф) Худо, ки дод, намепурсад бачаи кистї.
Сафо. Занак, пеши устод баро. Як пешнињодњоро маслињат кунем.
Олам (аз хонаи дарун баромада). Хуб шудааст.
Сафо. Ман намоз хонам, шумо маслињат кунед.
Олам. Хуш омадед, профессор. Аз кадомаш сар кунем?
Профессор. Аз кадомаш, ки хоњед.
Олам (ба як тараф). Чашми ин њам аз дидани ман љило медињад.
Профессор. Шумо, фоидаи худро намефањмед. Ба њар масъала аз нуќтаи назари илм, ояндаи назари миллат, менталитети миллї назар кардан лозим. Ана мисол, шумо бо Табар дўстї кардан мехоњед.
Олам. Табар? Шумо хар шуда метавонед?
Профессор. Хар ба гапи мо чї дахл дорад?
Олам. Ана њамон Табар хари наѓз шуда метавонад.
Профессор. Хари хуб мешавад, ё не, оќибаташ аниќ: имрўз амал дорад - медавад, пагоњ аз вазифа мегиранд, аз дав мемонад, ягон хоњиши шуморо иљро карда наметавонад.
Олам. Хайр, Табар нашуд, Теша њаст-ку?
Профессор. Теша?! Тешача! Лак-љони Пак! Охир вай кї - як дузд! Дузд њам не - дуздак! Аз њисоби ману шумо пул љамъ мекунад. арѓамчина Пагоњ давлат арѓамчина кашад, рост ба турма меафтад.
Олам. Вий! Набошад, ба кї бовар кунам?
Профессор. Ягона чизи мондагор - илми ман аст! Љодугарии шўятон њам тамом мешавад. Лекин мо абадї мемонем ва аз мо як нобиѓа меояд.
Олам. Чи хел нобиѓа меояд?
Профессор. Ман олим, гений, шумо зебо. Аз њардуи мо як писар ба дунё меояд, ки ифодагари менталитети миллат мешавад!
Олам. Чї-«талитет»?
Профессор. Менталитети миллат.
Олам. Ња-а... Шумо ба ман чї бахшида метавонед?
Профессор. Ман шуморо доктори илм мекунам. Ин вазифаи мо.
Олам. Не. Мехоњам якбора академик шавам!
Профессор. Мекунам, академик њам мекунам!
Олам. Чї хоњиш доред?
Профессор. Шўят маро президенти академияи љањон кунад.
Олам. Пањ! Тамом? Шумо хар шуда метавонед?
Профессор. Харат њам мешавам! Сагу шеру палангат њам!
Олам. Мехоњам паланг шавед!
Профессор (наъра мекашад.) А-а-а! Ман туро мехурам!
Олам. Оњ! (Меафтад.)
Профессор (болояш баромада). Ман туро мехўрам!
Аз хона Сафо давида мебарояд.
Сафо. Худоё! Профессор... Наход, ки шумо њам!? Истед! Вой-е!
Њама бохабар шуда меоянд.
Њама. Вий! Ин расвої! Хиёнат! Харигарї!
Профессор. Ин ишќ аст...
Сафо. Туро чї бало зад, Олам?! Ин чї рафтор аст? Ба худ ой!
Олам. 25 сол аз нодорї ба назарњо безеб будам, ягон кас ягон гапи худої намегуфт! Имрўз њама пеши поям садќа! Монед, ѓубори диламро барорам! Рафтем, профессор! Барои менталитети ояндаи миллат...
Сафо. Не! Не! Не!
Олам Профессорро ба хонаи дарун кашола карда мебарад.
Карашма. Бешармї! Хиёнат!
Теша. Оњ, лаънатї! Профессор дилаша ёфт!
Табар. Профессор њамаи моро ба як нўл зад!
Сафо. Худоё худовандо, зани бевафою зишткору хиёнаткори маро....
Њама. Шайтона пеш кунед! Хоњишњоро эњтиёт кунед!
Сафо. Зишту бенуру гунг гардон! Омин.
Њама. Оњ! А-а-њ! Уфф!
Садои раъду барќ. Профессор њаросон аз хона мебарояд. Сипас Олами зишту фартут омада пеши Сафо меафтад.
Олам. Маро мебахшї. Мммм... А-а-а-! У-у-у- Оѓѓа-а-!
Профессор. Худоё ин аљузкампир Олам аст? (Бењуш мешавад).
Њама. Оњ!

Хонаи Табар. Табар ва Карашма.
Карашма. Аз дастатон њељ чиз наомад! Акнун навбати мо!
Табар (норозиёна). Охир ин чї хел мешавад?
Карашма. Наѓз мешавад. Дили Сафоќула ёфтан даркор! Дили Сафоќула, ки ёфтем, туро шоњи љањон мекунам.
Табар. Фаќат як илтимос-да: боз нагузаронї-я?
Карашма. Э, ман вай девонаро ба сарам мезанам? Як дуо те.
Табар. Уфф... Худоё худовандо. Њм, ба зани ман… бахту барор те.
Карашма. Ёрдам те, либосњои навама пўшам (Мераванд).

Хонаи Теша. Теша ва Дунё.
Теша. Ин долларњоро гиру...
Дунё. Танњо бо доллар кор буд намешавад!
Теша. Мо танњо бо доллар кора буд мекардем-ку?
Дунё. Вай нобиѓа! Пул пул њисоб намекунанд, вале барои холи лаби як бева Самарќанду Бухороро  мебахшанд! Ман бо як ишва дилашро мебараму туро соњиби миллионњодоллар мекунам!
Теша. Э вой-е... Намешавад, ки ягон кори дигар кунем...
Дунё. Ту девонаї?! Дар ин љо танњо њусну љамоли ман кор меояд! Ман бо самбўса ўро ба худам гарм мекунам. Натарс, самбўса ба ту њам мерасад.
Теша. Як бало кун, ки... ман бо сари баланд гардам... (Мераванд).

Хонаи Сафо. Дархостњоро меоранд. Сафо онњоро аз назар мегузаронад.
Сафо. Худоё, як ѓарам коѓази дархостњо. Кадомашро талаб кунам?
Дунё меояд, самбўса мебарорад.
Дунё. Ассалом! Самбўса овардам. Барои шом наѓз!
Сафо. Салом, њамсоя. Биёед…
Дунё. Гарм-гарм гиред, хунук нашавад. Гиред, гиред...
Сафо. Ташаккур, лозим набуд.
Дунё. Лозим, лозим! Вий, дастатон ба оринљи ман расид! Вий!
Сафо. Чї шуд? Њамсоя, чї шуд? Нафањмидам....
Дунё. Обрў рафт! Дасти шумо ба пеши барам расид! Тамом! Тамом!
Сафо. Њељ чиз намефањмам. Чї шуд?
Дунё. Банди дасту пеши бар - занљири муњаббат! Бо њамин мо никоњ шудем! Дили мана фањмидед?
Сафо. Илтимос. Гап занед, вале банди куртаатонро накушоед.
Дунё. Монед, ман дилама кушоям! Зањри дилама барорам! Бист сол боз чї будани муњаббатро надидам. Кори ман фаќат пулњисобкунї, сариштаи молу мулки Тешабой. Гўшти лањм хўрдан ба дилам задааст...
Сафо. О, ин наѓз, охир. Њама дар орзуи њамин хел рўзгор!
Дунё. Не-да. Ман чї будани зиндагиро намефањмам! Њар ваќт, ки нозу-нуз, ба сари шумо дод задани Олама медидам, орзу мекардам, ки шумо барин як шавњари марди њаќиќї дошта бошам.
Сафо. Ё наузанбиллоњ. Олам аз рангу рўи ман безор буд....
Дунё. Вале таги дилаш шод буд. Ман умуман дил надорам! Ана, як бор ќапида бинед, баъд бовар мекунед.
Сафо. Не, не, не. Ман бовар мекунам.
Дунё. Охир, ин дил барваќт мурд. Охир хонаву дар тиллої бошад, косаву ќошуќат тиллої бошаду, гапи гарма нашунавї, хона мисли турма мешавад. Бист сол боз худама тасалло медодам, ки ягон рўз ба дидори марди њаќиќї мерасам! Ана, имрўз ман аз шумову шумо аз ман шудем!
Сафо. Њамсояамон Тешабой чї мешавад?
Дунё. Ба Теша ягон калу кўр ёфт мешавад. Ба шумо ман барин зани зебо даркор, ки мењмонњотона саришта кунад, дилатона гарм кунад.
Сафо. О ин чї хел мешавад? Ман худамро гунањгор њис мекунам.
Дунё. Забони Тешая бо як вазифачаи раиси ширкати калони љањон мебандеду, маро зан карда мегардед. Чї гуфтед? Аз шумо чї меравад? Мисол, дабири кулли СММ таъин кунед, шудан мегирад.
Сафо. Худатон соњиби сарватњои дунё шудан мехоњед. Њамин тавр?
Дунё. Ин њамту, барои ќалин: њаќи шир. Охир аз шумо чї меравад?
Сафо. Тавба. Дили шуморо мефањмидаму ба худ бовар намекардам. Мењру муњаббат танњо барои як чиз будааст! Худоё...
Дунё. Акнун фањмидед, ки ман чї ќадар шуморо дўст медорам!
Сафо. Худоё, чї хел аз ин дурўѓњои мањз дунё наметаркад!?
Дунё. Хоњиши дили мани ошиќро фаромўш накунед, Сафошка!
Сафо. Хуб, ба назар мегирем. Ба овоз мемонем...
Дунё. Оњ. Шумо зани ошиќро мефањмед! Ай лав ю! (Меравад).
Сафо. Аз ту дида Олами бадзабон ширинтар буд... Ана, Карашма, гапи дигар… Худоё, васвасаи шайтонро аз сари ман дур бикун... Воњ...
Карашма мурѓбирён меорад, дар танаш либоси танги нимбарањна.
Карашма. Ассалом, нобиѓа-бобо. Шумо линга наѓз мебинед?!
Сафо. Ташаккур.
Карашма. Њаво гарм. Курткама кашам-чї?
Сафо. Ихтиёратон.
Карашма. Мехоњам, ки шумо хоњиш, ё талаб кунед.
Сафо. Ња... Кашед, кашед. Њаво дар њаќиќат гарм.
Карашма. Фидои марди доно. Линга бардоред.
Сафо. Лаббай!?
Карашма. Линга… линги чўљаро гиред. Худам пухтам. Маъќул?
Сафо. Оњ, як умр дар орзуи чунин саодат будам.
Карашма. Чўљањои хориљї, рост аз Италия овардагї.
Сафо. Дар назарам худи шумо бо ин либос рост аз Италия омадед!
Карашма. О-оњ, марди боаќл мисли шумо занро љасур мекунад. Њамин тугмаи куртаамро кушоям?
Сафо. Худоё!
Карашма. Ба шумо як зани дуруст лозим. Ягон беваро таги чашм карда бошед, ману Табаралї хостгорї карда ба шумо гирифта дињем.
Сафо. Ммм... Якта њасту намедонам, чї хел фањмонам...
Карашма. Ња... вай чандсола?
Сафо, Ммм... Баробари шумо...
Карашма. Бистуњаштуним-сола?
Сафо. Чї хел? Дар шиносномаатон шумо 38-сола њастед...
Карашма. Бо шўи нобоб зуд пир мешавї. Ана, шумо зани љавони соз гиред, љавон мешавед. Набошад, мисли 70 - сола менамоед.
Сафо. Бало зад. Ина дилаш ба ман нест.
Карашма. Лекин шавњар бояд калон бошад. Табар кўдак барин нодон менамояд. Ана, шумо барин пири ботадбир маъќул.
Сафо. Ња, ин хел гўед?.. Ба њар њол ким- чи умеде њаст.
Карашма. Хайр, намуди зани дўстдоштаатон чї хел?
Сафо. Ммм... ќадаш њамин чени шумо… чашмакош љоду, пеши бараш - ќумба-ќумба. Лабакош хумор. Лунљакош мисли лунљи шумо...
Карашма. Шумо заршинос. Кошки мисли шумо шавњари пири доно медоштам!
Сафо. Лаббай?! Не, не дигар худамро фиреб намедињам...
Карашма. Дањ сол боз аз Табаралї як гапи дуруст нашунидам! Њар як калимаи шумо аз дањсола суханњои Табаралї боло!
Сафо. Наход, ки...
Карашма. Њамин майкама накашам-чї?
Сафо. Не. Шумо рост мегўед? Аз ѓалаёни эњсос чашми њамабини ман аз кор баромадааст. Бењуда намегўянд, ки чашми ошиќ кўр аст.
Карашма. Афсўс, ки ман ба шумо маъќул нестам.
Сафо. Не, не! Сї сол пеш, шуморо дидаму дар њасрати рўи шумо мурда. Вале, мурад камбаѓалї, маро аз ин њавас дур намуд.
Карашма. Шумо сустї кардеду Тавари аблањ хонадомод шуд.
Сафо. Бароятон чї кор кунам?
Карашма. Ба њамин Табаралї вазифаи раиси ними љањона дињед.
Сафо. Лаббай? Майнаи ман боз ба кор даромад.
Карашма. Шумо чї хел доно!? Њамин куртама накашам-чї?!
Сафо. Оњ, дунёи бўќалумун.
Карашма. Барои шумо ба њама кор тайёрам, марди асил.
Бўсиданї мешавад. Олам бо љорўб зада, онњоро људо мекунад.
Олам, У-у-ѓу!!!О-о-о-ѓа!!!
Карашма. Вий?! Ин чї балост?! Маро халос кунед, мардум!
Олам Карашмаро аз њавлї бо чўб зада меронад.
Олам. У-у-у-ѓи...И—и-ѓ-и...А-а-а-ѓ-и...ѓа-аѓи!
Сафо. Аљаб дунё! (хандааш ба гиря мубаддал мешавад). Њама макру њама фанду, њама њирсу, њама нафс!
Њамсояњо љамъ мешаванд. Профессор гунањгорона гап мезанад.
Профессор. Сафобойтўра, халќ интизор. Хоњиши њама ба шумо маълум. Њукм фармоед. Фаќат менталитети миллатро фаромўш накунед.
Сафо. Чаро шумо то имрўз дар бораи ман фикр накардеду ман дар бораи шумо фикр кунам? Кифоя. Аз ин дархостњои нафсонии шумо дилам танг шуд, аќли њамабинам тира гашт. То дирўз шумо фаќат барои камбаѓалиам маро таъна мезадед, њатто саломамро алек намегирифтед, имрўз чї љин зад, ки гирдам парвона гаштед? – Барои он, ки ба воситаи ман бойтар шавед, вазифањои олї гиред, ки миллионатон миллиард шаваду боз ман барин бечорањоро тањќиру маломат кунед. Бинобар ин, шумо ба ќувваи фавќуттабии ман њољат надоред.
Профессор. Набошад, коре накунед, ки ба сари мо хатар оварад.
Сафо. Ба ин чиз аќли њама мерасад.
Олам. Аа-ѓу... ии-ѓи... 
Сафо. Ба њама маълум, ки шумо профессориро бо тарбузњои падар харидаед. Шумо, Табаралї љонишиниро бо найранги занатон гирифтаед. Бозори Тешабой, аз бозори нафси мардум обод. Њамаро мехареду мефурўшед. Ягона каси ба ќувваи ман ниёзманд, Олами соддаи бечораи дунёнадида аст.
Њама. Не, не! Шайтона пеш кунед.
Сафо. Ѓур-ѓур кунад њам, чою чаппотї карда медод. Чизе дар дилаш буд, рўирост мегуфт, ба рўй парда намекашид…
Профессор. Саросема нашавед. Ин хоњиши охирон аст!!!
Сафо. Худованди азза ва љалла, зорї мекунам, ки зављаи...
Карашма. Девона! Сад зан ёфта медињам ба љои Олам!
Сафо. … зављаи ман Оламро...
Њама. Не! Не! Не!
Сафо. Зављаи ман Оламро ба асли худаш баргардон! Омин!
Њама. Эњ нодон! Эњ аблањ! Бесавод! Бемаданият! Хар!!!
Раъду барќ. Олам ба асли хеш баргашта, домани Сафоро мебўсад.
Олам. Ташаккур. Маро бубахш. (Њамдигарро оѓўш мекунанд).
Профессор. Аблањ! Њама хоњишњои олиро барои як зани аблањ сарф кардї! Имкон доштї, шоњи љањон шавї, аммо барои нози як зан њамаро бохтї! Ана чи хел менталитети миллати мо паст! Њамон дањдоллараи маро те! Садќаи доллар шавї.
Сафо. Гиред, вай дар њамон љои мондагиатон истодааст.
Теша. Ќувваат, ки тамом шуда бошад, ќолини мана те!
Табар. О-о, ин хел бошад, долларњояма, баргардон!
Сафо. Гиред, гиред. Фаќат ба бахти мо халал нарасонед.
Карашма. Куљои ин бахт?! Ин бадбахтї! Фољиа!
Сафо. Ту њам, Карашма?
Карашма. Э, мо њар як академика дидаем, ки ту пеши онњо нол!
Дунё. Туфу ба ин хел бахт! Рафтем дугона! Касофаташон нарасад!
Теша. Амрикоињо дуруст мегўянд: ин ќадар доно бошї, чаро ин ќадар ќашшоќї?! Ту, занбанда, њељ ваќт ба њељ чиз соњиб намешавї.
Сафо. Эњ! Њамсояњо! Ман мебинам! Мебинам! Мебинам!
Њама. Чиро? Чиро мебинї?
Сафо. Боз парда аз пеши чашмам дур шуд! Боз ман њамабин шудам! Ќувваи ман барќарор шуд! Њоло боз як хоњиши ман иљро мешавад!
Њама беихтиёр шах шуда ба зону нишаста зорї мекунанд.
Профессор. Ё нобиѓа, рост мегўї?!
Теша. Ё паямбар! Шафоат бикун...
Дунё. Ман барои шумо ба дунё омадаам, Сафобойтўраљон!
Табар. Ман њамеша туро њимоя мекунам!
Њама (тавалло мекунанд). Ё аллома! Ё нобиѓа! Ё паямбар!!!
Сафо хандида, аз онњо гурехта ба толор медарояд.


Рецензии