Гурбаи музапуш. мазхака
Тарљума ва сахнавигардонии муаллифии Љумъа Ќуддус аз рўи афсонаи њамноми Шарл Перро
Иштироккунандагон:
Гурба - Мияв-хон
Кулўхак – Маркиз Карабас
Шоњ.
Малика.
Оњдароњ - Шоњдухтар
Балойиазим - Одамхўр
__________________________
Бори аввал дар Театри академї-драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї соли 2017 тањия шудааст.
Пролог.
Воќеа паси парда мегузарад, фаќат садояшро мешунавем. Садои Мияв-мияви Гурба.
Овози бачањо. «Зан! Ќап! Оташ зан! Ба об мепартоем!»
Гурба. Мияв! Мияв!
Овози Кулўхак. Истед! Гурбаро азоб надињед! Вањшињо!
Гурба. Мияв… Мияв…
Намоиши 1.
Рўи њавлии Кулўхак. Дар як тараф Гурба хобидааст. Кулўхак корд тез мекунад, зиќ аст.
Кулўхак. Уф… Дилам гушна монд… Чї кор кунам?
Гурбу. Њой, наљотбахши ман ту чї мехоњї? Мия-ав?
Кулўхак. Кош туро халос намекардам. Ба њамин бањона аз мероси падар ба ман фаќат туро доданд. Ба як акаам осиёб расид, ба дигараш хар. Ба ман ту – Мияв-ча.
Гурба. Ман аз ин шодам. Акањоят маъќул не, даѓал…
Кулўхак. Ман њам шодам: аз мўят дастпўшак мебофам.
Гурба. Мия-ав!? Барои чї?! Ин ба ман зарар дорад.
Кулўхак. Аз ту дигар чї фоида? Хар мебудї, бор кашонда, нонпулї меёфтам. Охир, дилам гушна. Ёфтам. Туро мефурўшаму як бор шикама сер мекунам.
Гурба. Барои маро наљот додан, туро хушбахт, соњиби ќаср, зани зеботарин мекунам.
Кулўхак. Њамин ту-як?
Гурба. Ту бояд хонї, шамшерзаниро ёд гирї…
Кулўхак. Эњња, дањ сол пеш хондан даркор буд, имрўз шикама сер кардан даркор.
Гурба. Хуб. Аз њамин сар мекунем.
Кулўхак. Ба ман мушњои ту даркор не.
Гурба. Муш - деликатеси ман, ба вай чаќа нашав.
Овози љорчї аз дур. Нашунидам нагўед! Надидам нагўед! Хон барои ба шавњар додани духтараш Оњ-дар-оњ озмуни домодшавандањоро эълон мекунад! Бехабар намонед! Нашунидам нагўед! Надидам нагўед! Хон…
Кулўхак. Шунидї? Ана агар домоди хон мешудам…
Гурба. Ња, камбаѓал фаќат дар фикри муфт бой шудан.
Кулўхак. Албатта. Ин духтара ман рузи ид дида будам. Ман вая дўст медорам. Вай њам…
Гурба. Охир, духтари хон туро ба сараш мезанад?
Кулўхак. Хайр, аќаллан орзу кардан мумкин?
Гурба. Бо орзу кор буд намешавад: саъю талош кардан даркор. Карат-карат даркор, шамшерзанї даркор.
Кулўхак. Ба ман самбўсаву духтари хон даркор.
Гурба. Хуб. Домод мешавї. Дар болохона шамшеру кулоњи кўњна њаст. Бозор раву ба ман як мўзаи сурх биёр.
Кулўхак. Эњња… Ба ту мўза чї даркор?
Гурба. Мўза нишони асилзодагї. Ман пайкори ту.
Кулўхак. Эњња, барои худат даркор гўй…
Гурба. Мехоњї доро шавї? Ба ман бовар бикун.
Кулўхак. Бибиям мегуфт: ихлос кунї, ба маќсад мерасї. Лекин ба як гурбаи мушхўр… Пишик!
Гурба. Хайр, нахоњї, ман рафтам.
Кулўхак. Э, ист. Як мўзаи куњнаи бобоям буд.
Гурба. Ранг мекунем, мешавад нав! Халтаро њам биёр.
Кулўхак. Њозир. (Меорад) Ана, гир.
Гурба мўзаро мепўшад, кулоњ ба сар мемонад, шамшерро ба миёнаш мебандад.
Гурба. Минбаъд номат Маркиз де Карабас!
Кулўхак. Карбос?
Гурба. Карабас - Бузургзода! Хайр, ман чї хел?
Кулўхак. Гурбаи мўзапўш бо кулоњ. Маймун барин.
Гурба. Холо ист, «Мияв-хон-љон» гуфта, зорї мекунї!
Кулўхак. Мисли афсона.
Гурба. Бин, ки барои як мушак чї њилањо мекунам: медавам, мељањам, худро ба хоб мезанам. Барои њамин, њатто хон маро маро рўи даст мегирад.
Кулўхак. Њай таъриф кардї-да!
Гурба. Ту кори маро бин, таъриф дар пеш. Хайр, ба шањри орзуњои ту меравам! - Ба кохи шоњ. Ту карат-карат, забони хориљї, шамшерзанї, шиноварї, љањидана ёд гир.
Кулўхак. Инњо чї даркор?
Гурба. Барои мушќапї.
Кулўхак. Чї-ї?!
Гурба. Шўхї. Оњдароњ забони хориљиро дўст медорад.
Кулўхак (ноилољ). Хайр майлаш.
Кам кам машќ мекунад. Бо душворї даст медињад. ваќти љањидан афтида, лат мехўрад. Китоб мехонад.
Кулўхак. Бе ин љонканињо намешавад? Уф... Ин китоби англисї. Вай гапи зўр чї буд? «Ай… лав»…Давомаш чист?
Дасту пояшро молида хобаш мебарад.
Намоиши 2.
Љангал. Гурба меояд.
Гурба. Ана њозир дањони халтаро кушода, сабзї мемонам, худамро ба хоб мезанам. (Дароз мекашад). Заргўш меояд… Биё, биё… Ана, даромад. Банда мекашем. Заргўшакро ба хон њадя мекунам.
Халтаро ба китф партофта меравад.
Намоиши 3.
Кохи хон. Гурба бемалол медарояд.
Гурба. Туњфа аз Маркиз де Карабас! – Заргўши зарин.
Шоњ. Рањмат ба маркиз де Карабас! Гурбаи ошноямон-ку. Даро, Моњдармоњу Оњдароњу, пазмонат шудаанд.
Малика. Биё, биё, гурбача. Њарсў нарав, гурбача.
Оњдароњ. Биё, ки аз дасти мушњо ба дод омадем.
Гурба. Дар манзили хўљаини љавони дороям Маркиз де Карабас ѓаллазор, анбор, хонаша аз муш наљот додам.
Хон. Вай сарватманд аст?
Малика. Љавон аст?
Оњдароњ. Ў муљаррад аст?
Гурба. Ња, дар озмуни Оњдароњ иштирок мекунад
Оњдароњ. Чї хел наѓз.
Шоњ. Кохњои вай дар куљо?
Гурба. Њама заминњои паси кўњ аз они вай. Шуморо ба бўстонсарой ба мењмонї даъват мекунад.
Малика. Чї хел наѓз. Пагоњ меравем.
Оњдароњ. Урра. Мехоњам ўро аввал бинам.
Гурба. Бемалол вай дар кўл оббозї мекунад.
Оњдароњ. О-ооњ!!!
Њама. Ба ту чї шуд?
Оњдароњ. Мегўям, оњ, чї хел наѓз! –кўл, љангал, оббозї.
Шоњ. Њама ба оббозї меравем.
Гурба. Ман хўљаинро огоњ мекунам.
Шоњ. Офарин, Миявхон-љон.
Малика. Ман ба ту нону панир мукофот медињам!
Гурба. Чао, мистер. Чао, миссис.
Меравад.Суруди шўхи фаронсавї. Садоњои Мияв-мияв ва мушќапї. Њама мераќсанд
Шоњ. Гурба не ин, гурбаљон!
Малика. Хушзабону чаќќон.
Оњдароњ. О-ооњ!
Њама. Боз чї шуд?
Оњдароњ. Хўљаини љавонаша кай мебинем!?
Њама. Уф-фф…
Намоиши 3.
Рўи њавлии Кулўхак. Гурба меояд.
Гурба. Хўљаин! Бахт наздик расид! Нону панир - туњфа аз зањмати мушќапии ман. Ба таги бинї партоеду ба кўл рафта оббозиро машќ кунед. Духтар ба дидани ту меоянд.
Кулўхак. Чо кардаст, чо кардаст, баъд чо кардааст?
Гурба. Аз хондани бисёр бефањм шудед? Шоњ меояд! Моњдармоњ меояд! Оњдароњ меояд! Соњиби бахт мешавї.Шамшерзания машќ кардї? Ку, нишон те.
Кулўхак. Ња. Ана. (Чўбро оњиста ба дарахт мезанад).
Гурба. Сахттар зан.
Кулўхак. Ана… Ввоњ! Дастам шикаст.
Гурба. Оњ-кашак духтари шоњ, Воњ-гўяк ту. Љуфти хуб.
Кулўхак. Чї!? Њозир туро ба собунгар мефурўшам.
Гурба. Аввал зана гир, баъд. Хулоса, мерем оббозї!
Кулўхак. Ввоњ, дар ин гармии рўз офтоб мезанад.
Гурба. Кўл дар паси њавлї. Њама љо соя.
Кулўхак. Ввоњ! Ман аз об метарсам. Ѓарќ мешавам.
Гурба. Ту пишакї, ки метарсї? Шоњ меояд! Малика меояд! Оњдароњ меояд! Соњиби бахт мешавї. Рафтем!
Кулўхак. Воњ, њамин ќадар љон коњондан даркор?
Каме чарх мезананд. Садои мављи об.
Гурба (ба замин сар монда гўш мекунад). Меоянд. Овози аспу фойтуни шоњро мешунавам!
Кулўхак. Ввоњ. Ман ба Оњдароњ чї гўям?
Гурба. Њељ чиз нагў. Вай худаш гап мезанад.
Кулўхак. Худама фасон кунам…
Гурба. Э, не. Љандањота кашу ним соат аз об набаро.
Кулўхак (либос кашида). Шино карда наметавонам.
Гурба. Метавонї. Ба пеш.
Кулўхак. Бахт гуфта, худама кушам. Ѓарќ мешавам.
Овозњои шоњу Малика, «Оњ!»-гўии Оњдароњ.
Гурба. Омаданд. Ба оп пар!
Кулўхакро ба об тела медињад.
Кулўхак. Э, тела нате. Ввоњ, ман об хўрда мемурам.
Гурба. Ќулочак зан! Либосњоятро пинњон мекунам. Пуф, бўйи њафт хар мекунад.
Оврози Кулўхак. Ааа-ѓу… Наљот дињед! Ѓарќ мешавам.
Гурба. Дар њаќиќат, шиноварї карда наметавонад-е. Бояд шоњдухтар ўро бе љанда дар об дида дилгарм мешуд.
Овози Кулўхак. Њар касе маро халос кунад, Ааа-ѓу… њамин пишака муфт медињам! Ааа-ѓу…Тўњфа мекунам.
Гурба. Кулўхбой, дарунтар рав, рўяк мешавад. Њозир шоњ омада туро халос мекунад. Ана, Шоњ омад.
Шоњу Маликаву Оњдароњ меоянд.
Шоњ. Чи хел шикоргоњи наѓз.
Малика. Чаманзори хушрў!
Оњдароњ. Оњ!
Њама. Чї шуд?
Оњдароњ. Дар об як бачаи хушрў ѓарќ мешавад.
Овози Гурба. Наљот дињед!
Малика. Ин овози гурбача Миявхон.
Шоњ. Не, як аблањ худро ба об партофтааст.
Овози Гурба. Наљот дињед! Хўљаинам Маркиз де Карабасро роњзанњо ба об партофтанд!
Малика. Овози гурба Миявхон.
Шоњ. Пас, вай аблањ хўљаинаш
Кулўхак. Маро наљот дињед, гурбаро туњфа мекунам.
Оњдароњ. Чї хел наѓз! Барои гурба, худам…
Малика. Исто, ба ту мумкин не.
Гурба меояд.
Гурба. Шоњам, Маркиз де Карабас ѓарќ мешавад.
Шоњ. Муњофизон, одамро аз об халос кунед.
Овозњои ба об паридану халос кардани одам.
Гурба. Ташаккур, шоњам.
Шоњ. Гўед, назди мо ояд.
Гурба. Вале вай омада наметавонад. Шарм медорад, охир либосу зару зеварашро дуздњо бурдаанд.
Шоњ. Аз хазина як либоси шоњона ба Маркиз де Карабас туњфа дода шавад!
Гурба. Ташаккур, шоњам.
Оњдароњ. Рафтем, бинем, чї хел халос мешавад?
Пештар мераванд.
Шоњ. Ќап маркиза. Ќап…
Малика. Ба рост! Ба чап оред!
Оњдароњ. Оооњ!
Њама. Боз чї шуд?
Оњдароњ. Дилам љуввї кард!
Њама. Барои чї?
Оњдароњ. Дилам ба маркиз месўзад.
Малика. Навигарї-ку. Ягон ваќт дилсўзак набудї.
Гурба. Ана, маркиз де Карабас дар хидмати шумо.
Кулўхак дар либоси зебои шоњона њайрон меояд.
Кулўхак. Маро чї бало зад, ки ба гапи ин пишаки мушхўр даромада, ќариб ѓарќ мешудам…
Гурба. Ба наљотбахшони худ салом те, Маркиз.
Кулўхак. Ња. Салом ва ташаккур. Ташаккур ва салом.
Гурба. Аз њама бештар хондухтар ѓами туро хўрд. Ба вай таъзим бикун. Дасташро бибус.
Кулўхак (Маликаро дида). Ввоњ, шумо чї ќадар зебо!
Оњдароњ. Оооњ, чени дили ман гап задед.
Оњдароњ дасташро барои бўса бардошта, чашмонашро мепўшад. Кулўхак дасти Маликаро кашида мебўсад.
Гурба (оњиста). Њой, аблањ, хон-духтар ана ваяш.
Кулўхак. Э, вай аљина барин, на гов љўшида метавонад, на хара кашола карда замина љуфт мекунад. Ана ин зўр,Њама кор аз дасташ меояд.ќ
Гурба. Ин корњоро хизматгорон мекунад. Ин зани шоњ, ба љойи модар дон. Агар бахт хоњї, дасти духтараша гир.
Оњдароњ. Оооњ…
Шоњ. Дуруст, одами ботарбия аввал бо модар салом мекунад, баъд ба духтараш. Офарин, маркизи Карбос.
Гурба. Маркиз де Карабас.
Кулўхбой. Ташаккур.
Оњдароњ. Шумо чї мехўред, ки ин ќадар зўру зебоед?
Кулўхбой. Шулдурма-шўрбо
Шоњ. Чї-чї-шўрбо?
Кулўхбой. Боз ов-паппа, ѓам-палов, оњ-бирён.
Оњдароњ. Оооњ, ман њам њамин хел хўрок мехоњам.
Малика. Ин хўрок аз чї тайёр мешавад?
Кулўхбой. Аз оњу воњ…
Гурба (пойи ўро зер карда). Маркиз шўхї мекунад – вай деликатес, нўши љон, аз ашки булбул, тухми бедона, љавњари наъно, оби райњон, гули зира мешавад. Имрўз шуморо бо њамин мењмондорї мекунем.
Оњдароњ. Мехоњам. Мехоњам. Ов-паппа мехоњам.
Кулўхбой. Хайр, биёед, ба кулбаи мо.
Шоњ. Хуб. Дар куљост кохи шумо.
Кулўхбой. Њо ана вай: девораш аз борон чаппа шуд. Вале таги дарахт соя…
Гурба. Маркиз хеле фурўтану хоксоранд. Мо сари кўњ ба кохи Ошёни булбулон меравем. Он љо шамолак, зебо.
Кулўхбой. Э, девона. Вай лонаи Балойиазими одамхўр. Вай љодугар аст. Эњтиёт шавед. Худро ба љонвари безарар мубаддал мекунаду дам мекашад.
Оњдароњ. Ооооњ!
Гурба. Хўљаини ман камтар шўх. Шумо ѓаллазору полезу моро тамошо карда омадан гиред, ман пештар рафта, зуд дастурхон ороста мекунам.
Кулўхак. Чї хел дастурхон? Девона - ку нашудї?
Гурба. Гўш кун, Кулўхак. Дар як соат туро соњиби либоси шоњона кардам? – кардам. Дили хондухтарро ба дастат додам? - Оварда додам. Камтари дигар сабр кун, хушбахттарин одами дунё мекунам. Фаќат аз ёдат набарор: аз ин пас номи ту Маркиз де Карабас, доротарин, донотарин, чаќќонтарин љавони олам. Минбаъд фаќат ханда бикун, бо шоњу малика бо одоб гап зан.
Кулўхак. Лекин охир вай хонаи Балойиазим...
Гурба. Ман њастам-ку. Ё туро хушбахт мекунам, ё дар ин роњ њалок мешавам. Фаќат ту халал нарасон.
Кулўхак. Хуб, Миявхон-љон. Њозир ту њам ба љои падарам, њам модарам, њам акаам. Худат медонї.
Гурба. Маркиз, ба мењмонон љангалистон, њавзи моњии зарин, хайли оњуро нишон дињед. Ман шуморо дар Кохи «Ошёни булбулон» пешвоз мегирам. (Меравад).
Кулўхак. Мияв-хон-љон, ман туро дўст медорам!
Мусиќї.
Намоиши 4.
Гурба љониби сањро – (толор) меояд.
Гурба. Айёрї кардан даркор. Ана, ин гандумзори Балойиазим. (Ба толор). Њой одамони нек, мушњо шуморо азоб медињанд? Анбори гандуми шуморо ѓорат мекунанд? Кўрпаю болини шуморо мушњо хоида сўрох мекунанд? Минбаъд ман, Гурбаи мўзапўш љазои мушњоро медињам. Фаќат як хоњиш: њозир ба ин тараф дўстони мо меоянд. Пурсанд, ки замини кист? Посух дињед: – «Аз они Маркиз де Карабас мебошад. Хуб? Ташаккур. (Ба толор мефарояд). Ин галаи аспњои Балойиазим. Њой мардони асил, абзоли аспњои шуморо мушњо хоида аз кор мебароранд? Минбаъд ман, Гурбаи мўзапўш љазои мушњоро медињам. Фаќат як хоњиш. Дўстони мо соњиби галаи аспонро пурсанд, гўед: – «Аз они Маркиз де Карабас. Ташаккур… Ин љангали Балойизим. Њой мардуми нек… (Сухан гуфта меравад).
Хайли шоњ бо раќсу тарона меоянд.
Шоњ. Ин ѓаллазори пурдона аз они кист?
Садо аз толор. Аз они маркиз де Карабас!
Кулўхбой. Ввоњ, ин кори гурбаљони ман. Фаќат Балоийиазим бохабар нашавад –да…
Шоњ. Маркиз шумо одами хушбахт. Анбори гандум пур шавад, дар он манзил ѓам роњ намеёбад.
Малика. Ин галаи аспњои кї?
Овоз аз толор. Галаи аспњои маркиз де Карабас!
Малика. Ќандаша занад маркиз.
Оњдароњ. Ин моњињои зарин аз они кї?
Овоз аз толор. Аз они маркиз де Карабас!
Оњдароњ. Чї хел наѓз.
Шоњ. Кохатчї ќадар дилоро будагист.
Кулўхбой (ба як тараф). Аз гурба Миявхонљон дилпур шудам. (Ба њама) Меравем ба кохи «Ошёни булбул!».
Оњдароњ. Урра!
Мераванд.
Намоиши 5.
Кохи «Ошёни булбулон»
Балойиазими одамхўр корд тез мекунад.
Балойиазим. Гуруснаам, гурусна. Ташнаам, ташна. Хўрдан мехоњам… Касе меояд..Эњ, гурбача. Намешавад.
Гурба. Салом, њазрати Балойиазим.
Балойиазим. Гурбаи дайду, дар инља чї гум кардї? Худам мушњоро якта намонда хўрдам. Ба ту њољат нест.
Гурба. Ташаккур мегўям. Дар дег чї мепазед?
Балойиазим. Њозир хайли шоњ меояд. Њамаашонро бирён карда, мехўрам.
Гурба (ба як тараф). Бало зад.
Балойиазим. Чї гуфтї?
Гурба. Наѓз. Як хоњиш. Шикор меравам. Гуфтанд, ки шумо худро ба љонвари дигар табдил дода метавонед. Хостам донам, ки љонвари њаќиќї чї хелу сохтааш чї хел.
Балойиазим. Ин кори душвор не.
Гурба. Мисол, шер, ё рўбоњ шуда метавонед?
Балойиазим. Яку дую сею чор, манам рўбоњи айёр!
(Њалќаро аз дањон гирифта каллаи рўбоњро ба сар мемонад)
Гурба (ќарсак зада). Офарин! Маъќул шуд!
Балойиазим. Буд набуд будгор буд, як шери калон буд.
Њалќаро аз дањон гирифта мемонаду ба сари худ каллаи шерро мегузорад.
Гурба. Оњ, метарсам. (Каф мекўбад).
Балойиазим њалќаро ба дањон мегираду боз ѓалте зада Балойиазим мешавад.
Гурба (ба як тараф). Њамин њалќа чизи муњим будааст.
Балойиазим. Хўш, фањмо?
Гурба. Чи хел наѓз. Маро ба шогирдї гиред.
Балойиазим. Мукин нест. Чї ќадар хоњї љоду мекунам, вале ба шогирдї намегирам.
Гурба. Ихтиёратон. Шумо метавонед одами хуб шавед?
Балойиазим. Чї хел – одами хуб?
Гурба. Одами хуб, мисол, калаки беозор, гапгир?
Балойиазим. Калак шудан осон, вале беозору гапгир душвор... Барои ин дар мактаб хондан даркор.
Гурба. Ба њайвон мубаддал шудан як чашмбандї аст. вале дигаргуншавии њаќиќї аз дастатон намеояд.
Балойиазим. Меояд!
Гурба. Калаки хуб шуда наметавонед!
Балойиазим. Метавонам!
Гурба. Ку, бинем.
Балойиазим. Ана, њозир!
Њалќаро аз дањонаш ба миз гузошта дар рўи фарш ѓел мезанад, Кали боадаб шуда мехезад. Гурба зуд њалќаи рўи миз партофтаи Балоийиазимро ба дањони худ мепартояд.
Гурба. Офарин. Ту кистї?
Балойиазим. Калак.
Гурба. Номат чист?
Балойиазим. Кали бутта.
Гурба. Боло рав.
Балойиазим. Итоат.
Гурба. Поён рав.
Балойиазим. Итоат.
Гурба. Ман кї?
Балойиазим. Хўљаини ман.
Гурба. Офарин. Фиреб намедињї?
Балойиазим. Фиреб чист? Аз куљо биёрам?
Гурба. Лозим не. Њар кас кї буданатро пурсад, бигў, «Чўпони рамаи маркиз де Карабас њастам».
Балойиазим. Ња, буз-бони Карбос.
Гурба. Офарин. Њозир мењмонњо меоянд. Баодоб шав.
Балойиазим. Хуб.
Њама меоянд. Кулўхак гурбаро оѓўш мекунад.
Кулўхак. Ташаккур. Балойиазим куљост? Ягон балоро сар мекунад.
Гурба. Калаки чўпона мебинї? Ба њамон табдил шуд. Дигар намешавад. Калиди љодуяшро ман фурў бурдам.
Кулўхак. Ана каллаю мана калла.
Гурба. Ин бар ивази некии маро аз дасти бачањо халос карданат. Њоло њама барои зиёфат марњамат ба ошхона: «Ашки булбул», «Оши бахт», «Кабоби дўстї»!
Малика. Ин хел одамро марди њаќиќї мегўянд!
Оњдароњ. Оооњ.
Њама. Боз чї шуд?
Оњдароњ. Дилам… мехоњад аз шодї раќс кунам! Вале боз ким-чї намерасад.
Малика. Барои хушбахтии ў чї намерасад, шоњам?
Шоњ. Мехоњї гўйї, ки ба ту коху гурба маъќул аст?
Оњдароњ. Ња. Ња. Ња.
Шоњ. Чаро се бор «ња» гуфтї?
Оњдароњ (бо њаё). Сеюмашбарои хўљаини Мияв-хон.
Шоњ. Фањмо. Маркиз де Карабас, шумо чї мегўед?
Кулўхак. Ман чї донам? Ман як бачаи ќишлоќї
Оњдароњ. Ооооњ…
Малика. Аа-ањ…
Гурба. Бахтро пешпо назан. Дасти ўро аз падар бихоњ.
Кулўхак. Хайр, агар розї бошед, пойи духтаратонро… эъ, дасти духтаратонро… (Ба Гурба). Боз чї буд.
Гурба. Ай лав…
Кулухак. Ай лав… кош давомашро мехондам.
Оњдароњ. Шумо «айлавю» гуфтанї. Ман њам айлав...
Шоњ. Фањмо. Дасти духтарамро ба шумо бахшидам.
Оњдароњ. Оооњ! Ана инро бахт мегўянд!
Раќсу таронаи бахт.
Свидетельство о публикации №223032600312