Писари ситора. драма барои бачахо
афсона – драма
тарљума ва сањнавигардонии муаллифии њикояи њамномии Оскар УАЙЛД
Иштироккунандагон:
Писари Ситора
Њезумкаш
Зани Њезумкаш
Духтарчаи Њезумкаш.
Зани бечора
Марди рўяш захмї
Љодугар
Дарвозабон.
Дар наќшњои умумї – бачањои дења, мардуми шањр
Бори аввал дар Театри академї-драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї соли 2017 тањия шудааст.
Намоиши 1.
Зимистон. Шаб, осмон ситоразор. Аз паси сањна садои њаракати фойтун. Њуљуми роњзанњо.Садои шамшерзанї.
Овозњо. - Ист!
- Таслим шав! Зан!
Овози зан. Ёрї дињед!
- Хомўш! Туро њељ кас намешунавад!
Як чизи лўнда рўи барф меафтад.
Овози мард. Эњтиёт шав!
- А-ааа! Ооооњ!
Садоњо хомўш мешаванд.
Пас аз чанде Њезумкаш ва занаш меоянд.
Зан. Ба осмон нигар: њаракати ситорањо.
Њезумкаш. Ња, бањамзаданд! Як порчааш људо шуд.
Зан. Ба ин тараф афтод. Нуќрагин аст. Биё мекобем.
Њезумкаш. Орзу бад не.
Чизи лўндаи афтодаро меёбанд.
Њезумкаш. Ана, дар ин љост.
Зан. Ёфтем! Худољон, тилло бошад…
Њезумкаш. Нуќра њам бошад, мешавад.
Зан. Тавба, дар хилъати чармї печонда шудааст.
Њезумкаш (лўндаро мебардорад). Вазнинак.
Зан. Тиллои зиёд. Акнун аз камбаѓалї баромадем!
Њезумкаш. Эњ, дарунаш кўдак!
Зан. Э, аз осмон чї тавр кўдак меафтад? Созтар бин.
Њезумкаш. Бачаи ситора… Зебо. Хоб аст.
Зан. Заб чї будааст! Бачаи одам! Парто, рафтем.
Њезумкаш. Чї хел? Аз хунукї нобуд мешавад.
Зан. Бачањои худамон кам, ки боз як нонхўр пайдо шуд!
Њезумкаш. Айби кўдак не, ки ситорањо бо њам зада, ин бечораро ба замин афтонданд. Бин, гурусна мондааст.
Зан. Кўдакони худамонро сер кардан даркор.
Њезумкаш. Надонистам, ки ин ќадар сангдил њастї! Худо накунад, ки бачаи мо ба чунин рўз афтад.
Зан. Кўдакро ин хел сахт намедоранд. Вай аз гул нозук. Ба ман дењ. Ба хонаи гарм бурда, шир додан лозим.
Њезумкаш. Ту бењтарин модар њастї, азизам…
Мераванд. Пас аз чанде Љодугар меояд.
Љодугар. Як кори оддиро иљро карда натавонистед! Аблањњо! Ба ман кавкабаи заррин лозим буд! Куљоствай? (Ба соати љоду нигариста). Оњ, ситорањо мегўянд, ки дањ сол интизор бояд шуд… Як бачча бо номи «Писари ситора» ёрї мерасонад. Э, вой,дањ сол интизор шавам?! Роњзанњои ношуд, бо фойтуни дуздї таркида нобуд шавед!
Меравад. Аз дур садои таркиши фойтун.
Намоиши 2.
Назди њавлии Њезумкаш. Ѓавѓо. Сангу кулўх меафтад. Марди рўяш захмї паси дарахт пинњон мешавад. Писари Ситора дар китф камонѓўлак ва духтари Њезумкаш меоянд.
Писари ситора. Ње, махава бинед! Гум шав, аз ин љо! Рўи хунукаша бинед! Овфи мора бинед! Занед бачањо!
Марди захмї. Бачаи шум! Рўяш гарму ќилиќаш хунук.
Духтарча. Исто, эй, Писари ситора. Санг назан!
Писари ситора. Ана вай деви рўяш доѓро мезанам.
Духтарча. Вай бемор. Нону љурѓот дињем, дуо медињад.
Писари ситора. Э, рав, ба њар кори ман аралаш нашав.
Шохи дарахтро мешиканад.
Духтарча. Дарахта нашикан, вай њам азоб мекашад.
Писари ситора (дасти ўро тоб медињад). Чї хел?
Духтарча. Вой, дастамро шикастї!
Писари ситора. Дард кунад, дод мезанї. Вале дарахт овоз набаровард? Пас дард намекунад?!
Духтарча. Вай забон надорад.
Писари ситора. Юрмонро кўр кардам, гиря накард
Духтарча. Мо њам бояд њамаро дўст дорем.
Писари ситора. Сафатта. Ту маро бад мебинї. Чунки ман писари ситора. Озодам, Ана мусичая шикор мекунам.
Духтарча. Ин убол, мусича ба ту чї бадї кардааст? Аз азоби виљдон наметарсї?
Писари ситора. Бачаи ситора аз ягон чиз наметарсад.
Духтарча. Ѓурур ба фарзанди инсон айб аст.
Писари ситора. Ман инсон не! – Ман писари ситора. Модари ман дар осмон! Ба ман ёд нате! (Нишон мегирад).
Духтрача. Исто, дастат шах мешавад, кўр мешавї!
Писари ситора. Худи туро бо тири камон мезанам!
Духтарча. Оча-а-а-а!
Пирамард (аз паси дарахт). Исто, писарак…
Писари Ситора. Ана, ту дар куљо?
Пирамард фирор мекунад, Писари Ситора аз ќафои ў медавад. Њезумкаш ва зани ў љанљолро шунида меоянд.
Њезумкаш. Боз чї шуд?
Зан. Чї мешуд? Боз Бачаи ситора беинсофї мекунад!?
Њезумкаш. Наход ба сари ту даст бардошт?
Духтарча. Мўйсафеди беморро сангшап кард,
Зан. Дод аз дасти бачаи ситора! Њозир адабашро…
Њезумкаш. Э, исто, очеш. Вай њоло хурд…
Зан. Дигаронро ѓам дињад, пас калон шудааст!
Њезумкаш. Дилат аз санг аст, ки њамаро хафа мекунї,Фаќат бо хушрўї кор буд намешавад.
Зан. Гап шунидан ба дилат намезанад?
Писари ситора. Ман шуморо гўш намекунам.Худатон гуфтед, ки ман бачаи ситора. Ба ман њама кор мумкин.
Зан. Бачаи гармрўю дилат сард, бе мењр. (Меравад).
Њезумкаш. Ин ќадар бадї дар дили ту аз куљо? Аз дуои бад андеша кун.Одами пуч худситої мекунад. Озори касон ба ту чї медињад? - Њељ чиз. Ба хурдонмадад расон.
Писар (њуши ў ба чизи дигар банд). Тамом?
Духтарча. Ман ба њама ёрї мерасонам.
Писари ситора. Њатто ба махави рўяш пури озах њам?
Духтарча. Бале.
Писари ситора (сохтакорона). Ман њам…
Њезумкаш. Офарин. Хурсандона бозї кунед. (Меравад).
Писари ситора (ба як тараф). Насињат тамом шуд?
Духтарча. Эњ, ситорача. Як рўз сахт пушаймон мешавї.
Писари ситора. Њељ гоњ. Ана, љалољин-кампир меояд.
Духтарча. Вай як зани бечора, ситорагарм.
Писари ситора. Эњња, дар таги дарахти ман нишаст! (Ба Зан). Њой бадафт, шарм намедорї, дар зери дарахти ман мешинї? Гум шав аз ин љо! Љои ту ботлоќ! Гум шав!
Зани бечора. Ту кистї, писараки хушрў?
Писари ситора. Бачаи ситора! Ин ќадар бамењр нигоњ накун, бефоида! Дили ман ба безебњо намесўзад!
Зани бечора. Писари ситора номат?
Писари ситора. Корат чї? (Санге бардошта). Гум шав!
Духтарча. Ба вай нарас. Сангатро парто! Да-а-да!!!
Њезумкаш ва занаш меоянд.
Њезумкаш. Худоё, ин зани бечора ба ту чї бадї кард?
Зани Њезумкаш. Дидед!? Одаташро напартофт!
Писари ситора. Ман бачаи шумо не, ки ба ман фармон дињед! Ман Бачаи Ситора.
Зани Њезумкаш. Њозир бо калтак адабата медињам!
Писари ситора. Ба задан фаќат очаи худам њаќ дорад!
Њезумкаш. Вале мо туро дар љангал наљот додем.
Зан бењуш мешавад. Њозирон ба ў ёрї медињанд.
Духтарча об меорад, ба рўи зан об мепошанд.
Зани Њезумкаш. Дар дилат заррае шафќат надорї, ба модари худат аз куљо мењр пайдо карда метавонї?
Њезумкаш. Ин зан туро аз марг дар љангал халос кард, ба љои модар шир дод, калон кард, чаро даѓалї мекунї?
Писари ситора. Хонаи модарамро медонистам, дар хонаи ту намеистодам. Ман аз ин љо меравам! (Меравад).
Зани бечора. Шумо ин писарро дар љангал ёфтед?
Зани Њезумкаш. Бале, дањ сол пеш.
Зани бечора. Њаво хеле сард буд?
Зани Њезумкаш. Чунон сард, ки дастам шах мешуд.
Зани бечора. Дар гарданаш чї дошт?
Њезумкаш. Гарданбанди зарин бо санги ќањрабо.
Њезумкаш. Бо навиштаљоти заррин, хеле гаронбањо.
Зани бечора. Онњо њоло њастанд?
Њезумкаш. Дар хонаанд, барои нишонї нигоњ доштем,
Зани бечора. Ин писари ман аст, дар беша гум кардем. Илтиљо мекунам, ба ў расонед, ки ман модараш њастам.
Њезумкаш (ба Духтарча). Рафта гўй, биёяд.
Зани Њезумкаш. Бо эњтиёт гўй, шодимарг нашавад. Мехоњад, очаашро бинад. Ана, очааш.
Духтарча. Хуб. (Меравад).
Зани бечора. Шукр, ёфтам. Ќариб умедамро кандам.
Писари ситора дар гардан занљира меояд.
Писари ситора. Модари ман омадааст? Куљост?
Зани бечора. Писарљонам, Ман модари бечораи туям...
Писари ситора. Девона шудї? Очаи ман ситора аст!
Зани бечора (ба зону афтода). Ту писарљони ман: шаби нањси зимистон дар љангал туро душманњои мо дуздиданд.
Писари ситора. Не, не. Ин дуруѓ!
Зани бечора. Дар китфи чапат хол дорї. Ин њалќаи ќањрабо тасдиќ мекунанд, ки писарљони ман њастї...
Писари ситора (Ба Њезумкаш). Шумо ба ин гуфтед!?
Њезумкаш. Ба худо ќасам, ки не.
Писари ситора. То ин ваќт дар куљо будї?
Зани бечора. Дањ сол боз туро мељўем. Хайрият, ки туро ёфтам. (Мехоњад ба писарак даст расонад).
Писари ситора. Гум шав, даст нарасон!
Зани бечора. Писарљонам, падарат дар њасрати ту бемор аст. Ба мо фаќат дидори ту лозим. Биё, равем…
Писари ситора дар андеша, нолиши зан.
Писари ситора. Модари ман њам бошї, хубаш ин љо намеомадї. Ман писари ситораам. Аз ту нафрат мекунам!
Зани бечора. Наход модаратро оѓўш кардан намехоњї?
Писари ситора. Неъ! Ќурбоќќаро мехоњаму туро не!
Зани бечора. Писаракам… Бачаљонам!
Зани Њезумкаш. Чаро модари худро паст мезанї?
Њезумкаш. Бачаи њайвони вањшї чунин сангдил нест!
Писари ситора. Шояд очаи њайвонњои вањшї базеб аст!
Зани бечора. Худоё, писари маро бубахш. (Меравад).
Њезумкаш. Э, биё мон. Ба ту гап задан бефоида.
Писари ситора. Ягон зарра афсўс намехўрам.Ман бачаи ситораам! Ба дарбор меравам.
Аз хона кўлворашро гирифта меояд.
Духтарча. Оњ, худољон, аз гуноњи ў гузар.
Писари ситора. Алвидоъ! Хайрухуш кардан шарт не.
Њама дод мезананд - писарак зишту бадафт шудааст, вале аз ин табдилшавї хабар надорад.
Духтарча. Худоё, ин чї њол аст?!
Писари ситора. Дигар пушти сарам шуморо набинад!
Зани Њезумкаш. Куљо меравї?! Мисли ќурбоќќа шудї, рўят мисли пулакчањои мори афъї доѓ дорад.
Писари ситора. Эњ-ња! Аз дањани куњна гапи нав-ку. Рафтани ман таъсири бад кардааст, ки туњмат мекунед?
Њезумкаш. Афсўс, ки ба худат таъсири бад кардааст...
Писари ситора. Бо шумо гап бефоида. Бо касе бањс кунам, ки ба аќидаи ман розї шавад. Алвидоъ. (Меравад).
Духтарча. Бачаи ситора! Исто…
Аз ќафои ў давида меравад.
Намоиши 3.
Як гўшаи љангал. Писари ситора меояд. Аз њар тараф садоњои бачањо, ба сари ў сангу чўб мепартоянд.Писари ситора гурехта, паси дарахт паноњ мешавад.
Овозњо. Махава бинед! Занед бачањо! Гум шав, бадафт!
Писари ситора. Инњо девона шудаанд!? Чї хел маро –бачаи ситораро бадафт мегўянд? Њама зидди ман забон як карданд. Шояд ягон гап њаст. Дар оби кўл бинам, шояд лойолуд шудаам. (Худро дар оби кўл мебинад). Вввоњ! Наход, ки ин зишту бадафт ман бошам?! Не-е-е!
Аз њуш меравад. Духтарча расида меояд.
Духтарча. Писари ситора! Ака-а! Ту дар куљої? Ана, ёфтам. Чаро хомўшї? Ба ту чї шуд? Бењуш аст. Базўр нафас мекашад. Бедор шав, акаљон.
Ашки ў ба чашмони Писари Ситора мечакад.
Писари ситора (ба худ меояд). Ооњ,
Духтарча. Хайрият, ба њуш омадї, акаљон.
Писари ситора. Ман туро бадафт гуфта дашном медодам, вале ту, маро акаљон гуфта, бароям ашк мерезї?
Духтарча. Ба гузашта салавот. Хез ба хона меравем.
Писари ситора. Аз афтам дилкаф шудам. Чї гап шуд?
Духтарча. Росташро гўям? - Он зани бечора модарат буд, нишонањои туро бе хато гуфт. Вале ту ўро дашном додї. Уболаш гирифту худат бадафт шудї.
Писари ситора. Ман њамаро хафа кардам. Падару модари туро њам.
Духтарча. Биё, ба хона баргард. Ман туро масхара намекунам, њамеша акаљон мегўям, писари ситора мегўям.
Писари ситора. Ташаккур. Чї хел дили барањм дорї?
Духтарча. Охир, мо инсонем.
Писари ситора. Чаро ман намефањмидам! Акнун њоли ман чї мешавад? Ман як умр зишту бадафт мемонам?
Духтарча. Ба фикрам, модаратро ёфта, узр пурсї ва ў туро бахшад, ту боз бачаи зебо мешавї.
Писари ситора. Пас аз ин даѓалиам ў маро мебахшад?!
Духтарча. Дили модар барањм аст. Мебахшад.
Писари ситора. Падару модари ту чї?
Духтарча. Онњо кори туро хатои бачагї мењисобанд, аз ин њолат зиќанд. Охир туро фарзанди худ медонанд.
Писари ситора. Пас, ман бояд модарамро пайдо кунам. Ўро дар куљо љўям? Юрмон, бигў, модари ман куљо рафт?
Духтарча. Ў намебинад, охир чашми ўро ту кўр кардї.
Писари ситора. Оњ, чї рафтори зиште кардам. Мусича, бигў, модари ман дар куљост? Чаро намегўяд?
Духтарча. Вай аз ту хафа, охир, парњои ўро буридї.
Писари ситора. Пушаймонам. Савганд мехўрам, ки дигар ба њељ кас зарар намерасонам. Ба ман бовар надорад.
Духтарча. Бовар кард, ба он тараф ишора мекунад.
Писари ситора. Он тараф ботлоќ, фиреб медињад?
Духтарча. Пеш аз он роњи шањр аст. Модарат гуфт, ки барои ёфтани ту аз шањр омада, дења ба дења мегашт.
Писари ситора. Ба шањр меравам, модарамро ёфта, узр мепурсам. Ташаккур, хоњарљон. Акнун ту баргард.
Духтарча. Бачањоро бинї, бо кулоњи ман рўятро пўш.
Писари ситора. Ташаккур.
Духтарча. Роњи сафед.
Ба ду тараф мераванд.
Намоиши 4.
Дарвозаи шањр. Дарвозабон дар даст табарзин, дар миён шамшер росто хобидааст. Писари ситора меояд.
Писари ситора. Се сол шуд, ки модарамро мељўям. Шояд дар ин шањр бошад.
Дарвозабон (бедор шуда). Исто!
Писари ситора. Салом, амакљон.
Дарвозабон. Амакат дар хонаи худаш. Ман афсар! Соз-соз гап зан. Набошад, чунон занам, ки сиву ду дандонат шиканад. Кистї? Ба ту чї даркор?
Писари ситора. Номам – Писари ситора буд…
Дарвозабон. Эњ-ња. Бачаи ќурбоќќа гўй! И-яњ-ња-њањ!
Писари ситора. Се сол боз модарамро мељўям.
Дарвозабон. Аз дидани рўи хунукат шод мешавад?
Писари ситора. Албатта. Охир, ман писараш…
Дарвозабон. Бо ту дар њусну љамол ќурбоќќа дар мусобиќа аст. Воњ-ња-њањ!
Писари ситора. Ўро хафа кардам. Мехоњам узр пурсам.
Дарвозабон. Ба ту дар шањри мо љой нест, хунукрў! Гум шав. Чунон занам, ки сиву ду дандонат шиканад.
Љодугар сими болои гўшњояшро рост карда меояд.
Љодугар. «Бачаи си-то-ра» гуфтї?!
Дарвозабон. Ин мегўяд.
Љодугар (ин танга садаќа). Ўро ба ман дењ.
Дарвозабон. Э, чунон занам, ки… сиву ду-та…
Љодугар. Хуб. Сиву ду-та (танга медињад).
Дарвозабон. Мешавад. (Паст). Хапудам гирифта бар.
Љодугар. Хуб. Хуш омадї ба шањр, «хушрўяк». Рафтем.
Кашола карда аз дарвоза берун мебарад.
Писари ситора. Ташаккур, амак.
Љодугар. Туро бо тилло харидам. Хизмат мекунї!
Писари ситора. Ман чї хизмат карда метавонам?
Љодугар. Ту бачаи ситора њастї? Дар як шаби зимистон аз ситора канда шуда омадаї? Дањ сол пеш буд-а?
Писари ситора. Ња. Шумо њам медонед?
Љодугар. Албатта.
Писари ситора. Ба ман модарамро ёфта нишон дињед.
Љодугар. Хуб. Наљоти ту дар дасти ту: он шаб аз осмон як кавкабаафтода буд. Ана, сураташ. Њозир ёфта биёр.
Писари ситора. Дар шаб? Пагоњ, дар рўз кобем-чї?
Љодугар. Тилло, дар рўшноии мањтоб љило медињад.
Писари ситора. Љангал торик, пур аз њайвоноти вањшї.
Љодугар. Ту ситора, чї метарсї. Очата дидан мехоњї?
Писари ситора. Мехоњам…
Љодугар. Кавкабаро ёв, модаратро ман ёфта медињам.
Писари ситора. Хуб. Ба хотири модарам меравам.
Љодугар. Офарин. Барои дилпурї, ханљарро њам гир.
Писари ситора. Хуб. (Меравад).
Љодугар. Бо кавкаба њама љањон аз ман аст. (Меравад).
Намоиши 5.
Љангал, нури мањтоб, уллоси гург. Писари Ситора меояд.
Писари Ситора. Љангал пур аз дарранда. Аз хор танам хуншор гашт. Вале ба хотири дидори модарам меравам. Оњанрабо ба он тараф ишора мекунад. (Болои санги калоне баромада мебинад). Дар торикї чизе љило медињад… Он љо љин њаст. Вале Њезумкаш мегуфт, ки деву љин фаќат дар хаёли мо њаст. (Дар дарахт чизе љило медињад). Ана, он љо љило медињад. Кавкаба! (Наздаш меравад. Зери по чизеро мебинад). Оњ, бачаи кафтар афтодааст. Нобуд мешавад. Оњиста ба лонааш мегузорам. (Чўљаи паррандаро ба лонааш гузошта ба кавкаба даст дароз мекунад). Эњ, дастам намерасад. Болояш бароям, тоб намеорад, шохашро хам кунам, мешиканад. Чанд сол боз кавкабаро барои ман нигоњ доштааст. Ёфтам… (Санги калонро ѓелонда назди дарахт меорад ва болои он баромада, аз шохи дуќўша кавкабаи зарринро мегирад). Ташаккур, дарахт. Ман акнун модарамро мебинам!
Шитобон меравад.
Намоиши 6.
Субњ. Дарвозаи шањр. Марди рўяш захмї меояд.
Марди захмї. Рањм кунед, шафќат кунед.
Дарвозабон. Њоло ба шањр даромадан мумкин нест.
Марди захмї. Шафќат кунед. Ягон бурида нон дињед…
Дарвозабон. Сањар биё. Фармон њамин.
Писари Ситора шодон меояд.
Писари Ситора. Куљої, бобо? Кавкабаро ёфтам.
Марди захмї. Шафќат кунед. Писарљон, як њафта шуд, ки ягон бурида нон нахўрдаам. Барои нон ягон танга дењ.
Писари Ситора. Буду шуд як кавкабаи тилло дорам.
Марди захмї. Ин як умр сер мекунад.
Писари Ситора. Ин амонати хўљаин, наметавонам.
Марди захмї. Аз гуруснагї мемурам. Рањм бикун.
Писари Ситора. Ман модарамро дидан мехоњам. Се сол боз ўро мељўям.
Марди захмї. Некї кунї, худо ба маќсад мерасонад.
Писари Ситора. Бар ивази ин Хўљаин модарамро нишон медињад…
Марди захмї. Хўљаини ту ѓаризае намедошт, чунин шарт намегузошт. Ў ягон њадафи дигар дорад.
Писари ситора. Намедонам. Ў њамин хел гуфт.
Марди захмї. Наход ту њамин ќадар сангдил бошї, ки барои аз гуруснагї њалок шудани ман ризо шавї?
Писари Ситора. Не, мехоњам, ки њама шод бошанд.
Марди захмї. Ваќте њама шоданд, ту њам шод мешавї. Онхо туро ба орзуят мерасонанд.
Писари Ситора. Ягона орзуи ман – дидани очаам. (Хеле фикр мекунад). Вале ин тилло ба ту заруртар. Бигир.
Марди захмї. Ташаккур. Худоё, ин писари некдилро хушбахт гардон, ба дидори модараш расон.
Писари Ситора. Ташаккур. (Меравад)
Раъду барќ. Тилисме мешиканад.Љодугар меояд.
Љодугар. Омадї? Наёфтї?
Писари Ситора. Ёфтаму...
Љодугар. Кавкаба куљост?
Писари Ситора. Ба як каси бечора додам.
Љодугар. Оњ, бадбахт, чї кор кардї?! Акнун як умр бадафт мемонї! Кавкабаро ба кї додї?
Писари Ситора. Ба як марди бечораи захмї…
Љодугар. Оооњ! Тилисмро шикастї! Туро мекушам.
Ба сари писарак даст мебардорад.
Дарвозабон. Њой даѓал! Даст аз сари кўдак баргир! Чунон занам, ки сию ду дандонат шиканад!
Љодугар. Ин ѓуломи ман. Хоњам, мекўбам.
Бо чўб мезанад, писар худро паси дарахт мегирад. Чўб ба дарахт бархўрда, аз дасти Љодугар меафтад. Писарак онро мешиканад. Раъду барќ. Пеш меояд, чун аввал зебо шудааст. Дарвозабон бо тааљљуб таъзим мекунад.
Дарвозабон. Пешгўї амалї шуд. Дуруд ба шоњзода!
Писари ситора. Масхара мекунї? Ман шоњзода не, зебо не, як маслухи зишти бадафтам.
Дарвозабон. Аксатро дар табарзини ман бин: зебо не?
Писари ситора. Ин манам?
Дарвозабон. Раммоли доно фол дида буд, ки пас аз дањ сол ту меої.Мисли ситора шудї. Хуш омадї, шоњзода!
Писари ситора. Ташаккур… Як доѓи рўям мондааст.
Дарвозабон. Пас, як тилисми дигар мондааст.
Писари ситора. Бояд модарамро ёфта, аз ў узр пурсам.
Дарвозабон. Марњабо ба дарбори шоњ!
Писари ситора. Бе очаљонам њељ чиз даркор нест.
Дарвозабон. Офарин. Бо нияти нек ба маќсад мерасї.
Писари ситора. Модари ман куљост? Ана ў. Оча!
Зани бечора ба майдон меояд. Њама љамъ мешаванд.
Љодугар. Не! Бо љоду хотираи очаашро пок мекунам!
Писари ситора. Очаљон, ман туро хафа кардам. Аз ман бадї дидї, вале ба њолам рањм бикун. Маро бубахш.
Љодугар. Не, ту ўро намешиносї. Намешиносї. Пуф…
Писари ситора. Ман писарат, аз гуноњам гузар, очаљон.
Зани бечора. Ту кистї? Мехоњї маро масхара кунї?
Писари ситора. Ман писарат, писари дарбадарат. Оча, се сол туро кофтамбасе ранљ кашидам. Ноумедам накун.
Зани бечора. Туро намешиносам. Писари ман ситора!
Писари ситора. Очаљон, ба ман рањму шафќат бикун.
Зани бечора. Не, маро фиреб накун. Бирав.
Писари ситора. Ана бин, дар китфи чапам хол дорам.
Зани бечора. Агар ин рост бошад, бењтараш ин љо намеомадиву маро дар назди мардум шарманда намекардї. Писари ман ситора аст, на махлуќи бадафт.
Писари ситора. Ман зебо будам, дуои ту маро гирифту зишт шудам. Пойи захмиат мебўсам, оча, маро бубахш.
Муддате хомўшї. Зани бечора дар андеша.
Љодугар. Не, ту ўро намебахшї. (Дуд пуф мекунад).
Зани бечора. Бирав. Ман туро дидан намехоњам.
Писари ситора. Пеш аз видоъ писаратро намебўсї?
Зани бечора. Ќурбоќќаро мебўсаму туро не! Бирав. Туро дидан намехоњам.
Писари ситора. Оњ… Худоё, бубахш маро.
Писари ситора (ба Марди захмї). Эй марди нек, ба модарам фањмон, ки ман хато кардам, узр мехоњам.
Марди захмї. Дили модар чунон бузург аст, ки ба фарзанди бад њам шафќат мекунад. Бори дигар узр пурс.
Писари ситора. Очачон, то маро набахшї, сар аз пойи ту намебардорам! Ба ман дигар њељ чиз даркор нест. (Пеши зан афтода, пояшро мебўсад). Маро бубахш очаљон…
Зани бечора (паст). Бахшидам.
Њама кафкўбї мекунанд.
Марди захмї. Писарам, ин кавкаба, ки аз дилсўзї ба ман додї, калиди тилисми љоду аст. Бубин…
Тугмаашро пахш мекунад. Раъду барќ.
Љодугар. Вой, бало зад! Либосам оташ гирифт.
Марди захмї. Каси бадният охир шарманда мешавад!
Аз даруни хилъати љодугар дуд мебарояд, мегурезад.
Марди захмї кулоњро аз сар мегирад ва шоњ мешавад. Зани бечора чодарашро мегирад ва маликаи зебо мешавад.
Зани бечора. Писарам. Ин марди захмї падари ту аст.
Писари ситора. Падар? Падар… Шумо шоњ њастед?
Марди захмї. Душман моро љоду карда буд. Ту бо шафќат љодуро буридї.
Зани бечора. Писаракам…
Писари ситора. Шумо Малика њастед?
Зани бечора. Њама накўкор бошем, ѓурурро дур созем, ба њам шафќат кунем, љањон хурраму зебо мешавад.
Писари ситора. Имрўз хушбахттарин касам! Мехоњам онњое, ки ба ман падариву модариву карданд ва он хоњари азизам њамроњи мо бошанд.
Њезумкаш, зављааш ва духтарашон меоянд.
Њезумкаш. Мо њамеша њамроњи ту будем.
Духтарак. Аз хушбахт шуданат шодем!
Писари ситора. Ташаккур ба шумо.
Марди захмї - Шоњ. Ба ин муносибат њама шодї мекунем ва мераќсем! Мусиќиро баланд кунед!
Њама мераќсанду шодї мекунанд.
Парда.
Свидетельство о публикации №223032600317