хилъати чоду драма барои бачахо

ХИЛЪАТИ ЉОДУ

мазњакаи мусиќї барои бачањо



Иштирокчиён:

Пўлод – хонандагони.
Воњид – синфи 4.
Бобои Барфї
Ду-ча –сарвари лашкари 2.
Як-ак – муовини Ду-ча.

Дар сањнањои умумї аъзои дастаи «2» ва «5» иштирок мекунанд.
____________________




Бори аввал дар Театри мусиќї-драмавии ба номи Саидалї Вализодаи ш. Кўлоб соли 1982 тањия шудааст. Тањрири нав.








Пролог
Кўњ. Пўлоду Воњид њамдигарро љуста, бењолона дур аз њам мешинанд.

Воњид. Пў-лоод! Пў-лоод! Бе Пўлод чї кор мекунам?
Пўлод. Во-њиид! Во-њиид! Эњ, якрав, нагуфтам, ки дар љангалу кўњ танњо нагард!
Пўлод. Бечора, Воњид, ба чанги шаѓол афтодагист. Доно буд, каллааш компютер буд. Маро ба шефї гирифта буд. Бе  ќутбнамо роњ меёфт, ба хона мерафтем… Вооњиид!
Воњид. Овози ў! Ё ба назарам менамояд? Пўлоод!
Пўлод. Агар ёфт шавад, ќасам мехўрам, дигар ягон дафъа аз гапаш намебароям, фаќат бањои «5» мегирам. 
Воњид (мебинад). Пўлод, фаро. Ман дар назди чашма.
Пўлод (худро бепарво вонамуд карда). Камтар нафасама рост кунам. (Ба худ). Одам андак ба воњима афтад, ќасам хўрдан мегирифтааст-да… (Меояд). Ња, дар куљо мегардї?
Воњид. Чаро аз чашма боло рафтї?
Пўлод. Э, аз ту хавотир шудам, ки шаѓол хўрд.
Воњид. Не, ту аз дарсќимобї, хостї њамин љо гардї.
Пўлод. Не, намешавад, дар ин љо хот-догу чипси нест.
Аниса нест, ки кокулоша ба парта бандам.
Воњид. Набошад, бармегардем.Тезтар ба роњи рост.
Пўлод. Њо, ана аз тарафи чап роњи наѓз…
Воњид. Дар он тараф љўйи тезобу сангњои калон.
Пўлод. Хоњї њам бо роњи ман меравем, нахоњї њам...
Воњид. Уф, шом мерасад. Њама хавотир мешаванд.
Пўлод. Як бор гапи мо намешудааст-да…
Воњид. Аълохон шавї, гапњоят пухта мешавад.
Аз дур Бобои Барфї бо халтааш мегузарад.
Пўлод. Бало зад! Љалољинкампир меояд!
Воњид. Љалољинкампир фаќат дар афсона аст.
Пўлод. Ана, бин! Шилшилањоша бин, халташа бин!
Воњид. Ягон зани дењаи боло будагист.
Пўлод. Дев аст! Дар халтааш моро андохта мебарад…
Воњид. Натарс. Як муйсафед…
Пўлод.  Љалољинкампир аст, худаша дигар кард! Њайф шудем-а… Нав синфи 4-ум шудем…
Воњид (менигарад). Э, ба фикрам, ин Бобои Барфї .
Пўлод. Биё пинњон шавем, ки моро мехўрад…
Воњид. Биё, пушти санг пинњон мешавем.
Пинњон мешаванд. Бобои Барфї меояд.
Бобои Барфї. Ман ба дили бачањо шодї меорам.
Пўлод. Дидї, љоду мекунад…
Воњид. Не-е… Ин Бобои Барфї аст.
Бобои Барфї. Ба мактабиин дења меравам. Ваъда додам, ки дар Соли нав фаќат њамаро аълохон мекунам.
Пўлод. Ба мактаби мо мерафтааст!  Ягон бало дорад!
Воњид. Ба одами бад монанд нест.
Бобои Барфї  (халтаашро кушода). Њељ чиро фаромўш накардам?
Пўлод. Воњ, халтаро кушод!Њайф шудем! Моро баста мебарад. Аќаллан синфи дањум мебудам, алам намекард…
Воњид. Хап…
Бобои Барфї . Ин «5»-њо барои Пўлод:бачаи боѓайрат, вале якрав… Ин китоби барои Воњид – оянда духтури хуб мешавад… Китоби њунарњо барои Шањло… Инаш чї буд?
Пўлод. А-аааа…Биниамро дор, атса мезанам.
Воњид. Хуб. (Дањони ўро бо рўймолча мепўшад)
Пўлод (пастакак атса медињад). Рањмат.
Воњид. Намеарзад. (Худаш атса мезанад). Апшу!
Пўлод. Эњ, мурдем!
Бобои Барфї. Ња, ин лашкари безафари «2». Инњоро дар халтаи љоду пинњон кардам, ки нагурезанд. (Халтачаро зери санг мегузорад). Дар бозгашт мебарам.(Меравад)
Пўлод. Э, хайрият, рафт, љонамон халос шуд.
Воњид. Рафтем, ба мањфили солинавї дер накунем.
Пўлод. Бинем, ки чиро пинњон кард.
Воњид. Як одати бад дорї, ки пасмондаро мековї.
Пўлод. Ягон  сир дорад… Фаќат як бор бинем...
Воњид. Рафтем…
Пўлод. Хуб. Мусобиќа мекунем. Кї пештар мерасад?
Воњид. Ба ин тараф!
Мераванд. Пўлод чапѓалат дода, бармегардад. Халтачаи Бобои Барфиро гирифта мекушояд, аз он як даста раќамњои аз коѓаз буридаи «2»-ро беањамиятона берун мепартояд.
Пўлод. Заб чї доштааст! Коѓазчањо. На сникерс, на сэндвич. Аќаллан як чипси мебуд…
Дар љойи афтодаи раќамњои «2» овозњои шодї.
- Фиш-фиш-фиш!
- Шиф-шиф-шиф!
Лашкари «2» бо раќси даѓал сар кашида, шодї мекунанд.
Пўлод. Ин хилъати аљиб. Навишта дорад. (Мехонад). «Ба бачаи хуб пўшидани ин манъ аст». Ввоњ! Намепўшам. (Мепартояд).  Бобоям мегўянд, ки ман бача-љони бобо!
Кофтани халтаро давом медињад. Овозњо.
Ду-ча. Фиш-фиш-фиш! Њама соќу саломат?
Як-ак. Шиф-шиф-шиф! Бале, бале.
Ду-ча. Халоскунандаи мо кї?
Ду-ча. Пўлод.
Ду-ча. Ин бача читу бача?
Як-ак. Бефањм. Ба мо њамин хелаш даркор.
Як-ак. Аммо хилъатро напўшид.
Ду-ча. Мепўшонем. Ман аз чап ту аз рост! Њуљум!
Метозанд ва ба њам бармехўранд.
Як-ак. Куљо метозї?
Ду-ча. Ту аз рост гуфтам!
Як-ак. Ман дар чапам, ту дар рост.
Ду-ча. Чї донам кадомаш росту кадомаш чап. Ман, охир, Ду-ча не. Хайр, ту аз ису, ман аз њо усу! Рафтем!
Аз ду љониб Пўлодро ињота мекунанд.
Пўлод. Ягон чизи ќизиќ нест. Бењуда овора шудам.
Халтаро партофта рафтанї мешавад.
Як-ак. Меравад!
Ду-ча. Њозир, љоду мекунем. «Фиш-фиш-фиш».
Як-ак. Шиф-шиф-шиф!
Мусиќии бемаънии пуршўри ѓарбї баланд мешавад.
Пўлод (ба хилъат менигарад). Ман бачаи хубам-у… бо як бор пўшидани хилъат бачаи ганда намешавам…
Хилъатро мепўшад. Лашарбо раќс ўро ињота мекунад.
Ду-ча. Урра! Мо наљот ёфтем!
Як-ак. Каллаи ин бача акнун хонаи мо мешавад!
Пўлод. Хушрў… (Кисањои онро мекобад). И-е, сигор…
Як-ак. Шиф-шиф-шиф…
Пўлод. И-е, нос, ќарта…
Ду-ча. «Фиш-фиш-фиш».
Пўлод. И-е, рўзнома… Аз кї? Аз ман…
Як-ак. Шиф-шиф-шиф!
Пўлод. И-е, бањои «2» аз математика чорякиам 2 шуд.
Ду-ча. Шиф-шиф-шиф!
Пўлод. И-иї, дар ин хилъат ягон сирр њаст.
Хилъатро мекашад, вале наметавонад.
Ду-ча. Њуљум!
Як-ак. Ба ќафо! Эъ, ба пеш!
Пўлодро ињота мекунанд.
Ду-ча. Ту акнун мо шудї. Мо ту шудем! Фиш-фиш.
Пўлод. Шумо кї? Аљинањо? Чї мехоњед?
Ду-ча. Ман Ду-ча! – амири лашкари безафари «2»-њо!
Як-ак. Ман љонишини вай – Як-ак!
Ду-ча. Шинос кардани ту шарт нест.
Пўлод. Љона каљ кардан даркор. (Гурехтанї мешавад).
Ду-ча. Исто! (Афсун мекунад). Фиш-фиш-фиш…
Пўлод (дар љояш чарх мезанад). Вооой, ба ман чї шуд?!
Ду-ча. Ту акнун дар тањти фармони ман њастї!
Пўлод. Воњид, куљої? Чаро аз ту пинњон шудам?
Ду-ча. Ман, амири лашкари 2 фармон медињам: Алла!
Пўлод. Ман хоб надорам…
Ду-ча. Фиш-фиш-фиш. Ул-улу-ла-аа.
Пўлод афтода, хобаш мебарад.
Як-ак. Чаро хобондї? Зуд ба мактаб рафтан даркор.
Ду-ча. Хомўш, Як-ак! Ба калон ёд нате! Танбал хобад, мо ќувват мегирем.
Як-ак. Росту ба ин вазифањояшро фањмондан лозим..
Ду-ча. Ман ризо.Фиш-фиш-фиш, хез!
Пўлод (чашмонашро молида мехезад). Оњ, оча-а… Ман як хоби вазнин дидам. Ба дасти љинњо асир афтодам…
Ду-ча. Чао! Бай - бай!
Пўлод. Ввоњ… ин хоб нест?
Як-ак. Аз мо ба ту як бор рањмат.
Ду-ча. Ду бор, бесавод!
Як-ак. Охир аввал 1, баъд 2!
Ду-ча. Бесавод! Бањои 1 аслан нест. Аввал 2, баъд 1! Барои њамин ман пешгузар! Вазифаи инро фањмон.
Як-ак. Хай. (Ба Пўлод). Бобо хост моро аз байни шумо барад. Ту моро халос кардї, хилъати љодуи моро пўшидї.
Пўлод. И-и-и, љомаатон ба худатон насиб кунад. (Кашидан мехоњад). И-и-ї, намешаваду…
Як-ак. Не, дер шуд. Шартњои моро иљро мекунї.
Як-ак. Якум - сањар хоб мекунї, нўњум- ба мактаб гоњ-гоњ меравї; њаштум - нос мекашї; панљум –ду мегирї.
Пўлод. Сарам гаранг шуд: якум, нуњум, баъдпанљум…
Як-ак. Ин раќаммонии мо - бачањои озод. Ёд гир.
Пўлод. Эњња, ба манд у мемонанд, танќид мекунанд.
Ду-ча. Фиш-фиш-фиш. Мо маљбур накардем.
Як-ак. Шиф-шиф-шиф. Худат интихоб кардї.
Ду-ча. Моро аз халтаи Бобои Барфї  бароварда озод кардї, хилъати моро пўшидї. Акнун тумисли мо - бачаи озод! Узви лашкари безафари «2»! Љип-љип. Ура!
Пўлод. Ман хато кардам. Гиред, хилъататонро!
Як-ак. Инро фаќат Бобои Барфї кашида метавонад.
Ду-ча. Дањ бачаи каллакадуро ба сафи мо биёр.
Пўлод. Њељ гоњ! Ман аз рангу намудатон безорам!
Ду-ча. Фиш фиш фиш! Итоат гўй.
Пўлод. Итоат.
Ду-ча. Номатро дар танаи ин дарахт бо мех навис.
Пўлод. Ин нињол хушк мешавад.
Як-ак. Навишшш- шиф-шиф..
Пўлод. Хайр, ана… (Менависад).
Ду-ча. Ку, хон.
Пўлод. «П-лот».
Як-ак. Ура! Дуруст!
Ду-ча. Дуруст бошад, чаро хурсандї мекунї?!
Як-ак. Барои мо дуруст, барои ин нодуруст.
Пўлод. Ња, њозир ислоњ мекунам.
Ду-ча. Не. Њамин хел давом те.
Як-ак. Тамом! Ту мо шудї, мо ту шудем.
Ду-ча. Бачањои  бесавод умри моро дароз мекунанд.
Пўлод. Маро сар дињед. Ман бояд мактаб равам…
Ду-ча. Чї-и-и-иї! Эњње!
Як-ак. Иї-и-и-иї! Оњњо!
Ду-ча. Њар рўз бањои ду мегирї?!
Пўлод. Очам љанг мекунанд…
Ду-ча. Фиш-фиш-фиш.
Пўлод. Э, майлаш, њар рўз бањои «1» мегирам. Шуд?
Ду-ча. Не! Бањои «2» мегирї! Чака парто! - Даст дењ!
Як-ак. Шитоб накунед. Хабари нохуш! Ин бачаи наѓз, яъне ба мо ганда, дина дуяшро ислоњ карда, се гирифт.
Ду-ча (дилашро дошта). О-оњ, куштї! Ба дор…
Як-ак. Ин тањќир ба тамоми лашкари безафари мо!
Пўлод. Ана, дар рўзнома боз якта ду њаст… Тамом. Худама ѓам надода мегардам бањои 2 омадан мегирад.
Ду-ча. Маладес! Офарин!
Як-ак. Ин ваъда додааст, ки бачаи наѓз мешавад! Ман бо чор гўшам шунидам.
Ду-ча. Уввв… Ман њозир мемурам… Ба дор…
Пўлод. Истед. Ман дар њаќиќат, мехостам, лекин аз фикрам гаштам. Бачаи наѓз шудан кори душвор будааст:
Як-ак. Чї душворї доштааст?
Пўлод. Њар рўз барваќт аз хоби  ширин хестан лозим, њар рўз хондан, ба кўдакон ёрї, ба пирон ѓамхорї даркор. Вале хуш надорам.
Ду-ча. Маладес. Ранги мо будаї.
Як-ак. Мењрат зиёд. Ба љои ман љонишин накунї?
Ду-ча.  Ба тарафи худ мекашем. Чї ваъда медињї?
Пўлод. Бачаи наѓз… Эъ, ганда мешавам!
Як-ак. Бовар накунед. Сад бор ба муаллимон ваъда дод, ки бачаи наѓз мешавад, лекин як бор иљро накардааст!
Ду-ча. Наѓз. Ин одами мо. Вале ба мо хиёнат намекунї!
Пўлод. Душвор. (Аз нигоњи Ду-ча тарсида). Хуб, хуб.
Як-ак. Ба калон ёрї намедињї, хурдњоро гирён мекунї!
Як-ак. Буттањоро мешиканї, гунљишконро ќир мекунї.
Як-ак. Даст намешўї, шима медарронї.
Ду-ча. Дуюм… Дуюм! Љип-љип ! Ура! Дуюм!!!!
Як-ак. Дуюм, дилу нията бад мекунї; бо њама љанљол мекунї, бачањои хубро ба сигору носкашї љалб мекунї!
Пўлод. Уф… Итоат!
Ду-ча. Ќасам! Ќасам, ки аз гапи шумо намебароям!
Пўлод. Ќасам мехўрам, ки аз гапи шумо намебароям!
Як-ак. Ура! Акнун хилъат як умр дар танат мемонад!
Ду-ча. Ба шарафи аъзои нави лашкари безафари 2 раќси маросимї мекунем!
Мусиќии гўшхарош, раќси кашокашу љунбон-љунбон.
Ду-ча. Ку, аъзои нава санљем. Фиш-фиш… Об…
Пўлод. Аз љасту хез ташна мондам. Аз чашма об дињед.
Як-ак. Ту чї мегўї!? Мо ба ту ѓуломем?
Як-ак. Мо њама танбал. Во-ња-ња!
Пўлод. Шумо чї хел дўст? Чашма дар куљо?
Як-ак. Дањ ќадам ба шимол, баъд 11 ќадам ба љануб…
Пўлод. Рањмат. Лекин… шимол дар кадом тараф?
Ду-ча. Лашкари безафари 2 ин чизњоро намедонанд.
Пўлод. Хайр, ба чор тараф 10 ќадамї монда меёбам…
Як, се, њафт… эъ, панљ… Кай дањ мешавад?
Ду-ча. Баъди ду.
Пўлод. Се. Дањ. Ду. Нашуд.
Ду-ча. Маладес, донишу аќлаш чени дили мо шуд. 
Як-ак. Полундра! Одам меояд!  Аълочї меояд.
Ду-ча. Пинњон мешавем!
Пўлод. Маро њамроњи худ баред.
Як-ак. Киш. Войи љони худам. (Пинњон мешаванд).
Пўлод. Куљо шудед!? Маро напартоед!
Воњид меояд, рафиќашро мељўяд.
Воњид. Пўлод! Ту дар куљої? Воњ, ба ту чї шуд? Хез, дар замини нам касал мешавї. Рафтем.
Ду-ча. Чї хел бачаи наѓз дилсўзак. Биё дўсти мо шав.
Воњид. Оњњо, Ду-ча, сардори лашкари бањои «2»!?
Ду-ча. Њм… ту маро чї хел шинохтї?
Пўлод. Ин бача бало, њамаро медонад!
Раќами «2»-и коѓазиро ба гардани ў кашол мекунад.
Воњид. Гум шав! (Онро дарронда дур мепартояд).
Ду-ча. Оњњо, њамин хел? (Раќамњои 2-ро мисли каманд ба гардани Воњид партофтан мегирад).  Ана, ин хел?
Як-ак. Ту њозир таслим мешавї?Љони мо дар дигар љо.
Воњид. Дониш туро мањв мекунад! Ду карат ду чанд?
Пўлод. А-а… Ммм… Се? Не… чор!
Ду-ча. Оњ, дилам…
Воњид. Ќоидаи Пифагорро гўй. Гипотенузаи секунља…
Ду-ча. Не-е-е!  Мемурам…
Як-ак. Ман кайњо… мулдам!
Воњид. Дониш андар дил чароѓи равшан аст,
Пўлод. В-аз њама бад бар тани ту љавшан аст!
Як-ак. Ин љомаро фаќат Бобои Барфї мекашад.
Ду-ча. О-оњ… Бобо омад! Мегурезам!
Пўлод. Маро партофта наравед…
Бобои Барфї меояд, халтаи пинњонкардаромељўяд.
Воњид. Ана, Бобои Барфї  меояд, туро халос мекунад. 
Бобои Барфї . Эњ, халтаро касе кушодааст. Ду-чаву Як-акро боз дар озодї мебинам. Кї онњоро халос кард!?
Воњид. Бобои Барфї, ёрї дињед…
Бобои Барфї . Эњ, чаро хилъати нодониро пўшидї?
Пўлод. Хато кардам…
Бобои Барфї. Хостамљомаи нодониро барам, нашуд. Як нафар њам бошад, лашкари 2 реша медавонад.
Пўлод. Ёрї дињед. Ин хилъатро аз тани ман људо кунед. Гуфтанд, ки фаќат шумо хилъатро људо карда метавонед.
Бобои Барфї. Дониш омўзед, онњо маѓлуб мешаванд. Ваќти ман тамом шуд. Имсол пирўз мешавед! (Меравад).
Воњид. Ман аълохонњоро даъват мекунам. (Меравад).
Ду-ча(аз паси санг баромада). Бароед! Тарсончакњо!
Пўлод, ту ба мо боз хиёнат кардї!
Як-ак. Хайрият, ки љомаи мо дар танат!Мо майнаи туро бо носу сигор љарроњї мекунем. Обу адо мекунем!
Пўлод. Не, не, не! Ман аз рангу рўи шумо безорам.
Ду-ча. Раќси маросимїтуро абадї ёри мо мекунад!
Як-ак. Сар кардем! И-и-и…
Ду-ча ва Як-ак раќси девонавор мекунанд.
Пўлод. Намехоњам! (Беихтиёр дасту по мељунбонад).
Як-ак. Воњ! Аълохонњо омаданд! Гурехтем!
Воњид њамроњи «5» -њо меояд. Васфи донишу одоб.
Њама. Хирадрову љонро кї ёрад сутуд?
В –агар ман ситоям, кї ёрад шунуд?
Воњид. Хирад мояи зиндагонї шинос.
Пўлод. Хирад пояи љовидонї шинос…
Хилъати љоду аз китфаш меафтад. Ду-ча онро мегирад.
Ду-ча. Рафтем, лашкари безафари ман.
Лашкари 2 пароканда мешаванд. Пўлод бехабар аз афтодани хилъати љоду гурехта, пинњон шудан мехоњад.
Пўлод. Маро партофта наравед!
Воњид. Мо дўстони туем. Њамроњи мо биё!
Пўлод. Не-е! Ин хилъат ба ман маъќул… И-е, нест-ку!
Воњид. Олиљаноб! Вай хилъати љоду, нодониву бадист. Онњо бурданд, ки ба ягон бачаи нодон пўшонанд.
Пўлод (чашм кушода). Ба ман чї шуд?
Воњид. Дудилагиву танбалиат туро ба гуруњи нодонњо бурд, њайати аълохонњо аз роњи хато баровард.
Пўлод. Ташаккур, ки маро халос кардед. Бо дўстони доновунакўкор мо пирўз мешавем! 
Њама. Пирўз мешавем!

Мусиќиву раќси гуворо.


Рецензии