Вийд. драма барои бачахо

ВИЙД
Афсонаи замонавї

Иштироккунандагон:

Вийд – хонабони хурдсол (домовой), чун бачаи олуфтаи мўйдарози            
               кўтохќад.
Ширин – хонандаи синфи 8.
Модар.
Муаллим Зиёї.
Симин – хонандаи синфи 8, духтари холаи ў.
Асал – хоњари Ширинбек.
Шакар – додари Ширинбек.

Эзоњ: дар Шуѓнону Рўшони ВМБК махлуќеро чун хонабон - «домовой»-и русї бо номњои Войт, Вуйт - зану марди калон, Вийд ба маънии писари онњо медонанд.
___________________

НАМОИШИ I.

Пагоњї. Вийд – хонабон њама чизњоро дар љойи дигар мемонад. Бачањо меоянд. Вийд пинњон мешавад. Кўдакон чизњои худро наёфта муноќиша мекунанд.

Асал. Ќалами ман канї?
Шакар. Дафтари мана те!
Симин. Товба, њозир китобам дар њамин љо буд, нест. Кї гирифт?
Ширинбек. Њар кас чизи худашро саранљом кунад, олам гулистон мешавад.  Асалљон, дафтари Шакарбека те, вай дар сумкаи ту.
Асал. Вий! Дар сумкаи ман будааст.
Ширинбек. Шакарбегим, ту ручкаи Асалро ба кисаат андохтї.
Шакар. Э,  не- е, ручкаи худам.  Ана! (Мебарорад). Вий! Аз они …
Ширинбек. Аз они ту не…
Асал (ручкаро гирифта). Рањмат, акаљон.
Шакар. Товба…Чї хел вай дар кисаи ман даромад?
Симин. Ёфтам, њама китобама дар ин љо мондам. 
Ширинбек. Меравем, бачањо.
Шакар. Хайр, оча…

Модар меояд.  Хастањол аст.
 
Модар. Хайр, бачем, майлаш, дар як њафта як рўз будааст.  Ду-се- соат љумбуљўл карда биё. Зиёдаш зарар дорад.
Ширин. Шумо зиќ нашавед, оча.  Ман бачаи калон шудагї, як ароба бора кашола кардан барои ман њељ душворї надорад.
Модар. Аз рўи гапи шиносњо, падарат нав кори хуб ёфтааст, дар Россия њам осон нест. Шояд то охири сол маблаѓи бисёр љамъ карда биёянд. Маљбурем, барои таъмини рўзгор андак њаракат кунем.  Бечора, бачем.  Хонданат чї мешавад? Боз, нашавад, ки аз хондан монї?
Ширин. Хавотир нашавед оча, њамааш мешавад—кор њам, хондан њам: Симин дарсњои дар мактаб гузаштаро бегоњ ба ман нишон медињад, ман машќњоро иљро мекунам. Медонед- ку, зењнам тез. 
Симин. Ана, ин гарданбанди мана гир, шамол хўрданат мумкин.  Љўробњои гарми ман њам ба ту даркор мешаванд.
Ширин. Рањмат.  Ман гарм.  Э, ба шумо чї шуд? Њай- њай нагўям, њозир њамаатон гиря мекунед! Ман ба љанг намеравам- ку?  Аробакашї будааст.  Ним рўз машќ карда исў-усў ароба мекашаму бегоњї бо як даста пул меоям. То баргаштани падарам. Њамин тавр?
Њама. Албатта.
Ширинбек. Ту, Симин, назорат бикун, ки бачањо наѓз хонанд.  Шумо оча, фаќат як кор кунед – табассум.  Канї, канї. Охир писараки шумо дастёр шуд, мардак шуд! Канї, канї…
Модар (бо табассум). Худоро шукр...
Ширинбек. Офарин. Чї хел ба очаљони мо табассум мезебад!
Асал. Акаљон, ба ман якта… жевачка биёр.
Шакар. Ба ман якта мошинча.
Ширин. Хуб шудааст.  Акнун њама ба пеш! Ба мактаб!
Модар. Худата эњтиёт кун, бачем.  Рафтем бачањо.

Ѓайри Ширин њама мераванд.  Ў каме љиддї мешавад.

Ширин. Ана акнун ба хотири љамъ либоси «љангї» пўшидан даркор.  Љома, мўза дастпўшакњо… Вий, канї дастпўшакњои ман? (Чор тарафи хонаро мељўяд ва мебинад.) Эњ, дар ин љо афтода будааст.
Гирифтанї мешавад, вале дастпўшакро гўё касе бо ришта кашола  карда дуртар мебарад, Ширин наздиктар меояд, вай дуртар меравад.

Садо (монанд ба нафаскашии тези хурсандона). Њањ-њањ-њањ…
Ширинбек. Вий, ин чї бало, ки дастпўшак њаракат мекунад?
Садо ( монанд ба хандаи кўдак). Њењење.
Ширинбек (љањида болои дастпўшак мебарояд). Ана ќапидам!
Садо (ба нолаи кўдак монанд). У-у-у-у.
Ширинбек. Кист ин љо? (Хомўшї).  Ё дар назарам намуд, ки як бача гиря кард… (Пой кўфта) Кистї!
Садо. Сар дењ! Куштї!
Ширинбек.  Ана, боз нола кард.  Ту кистї?
Овози Вийд. Поята аз рўи дастам бардор!
Ширин. Ана… (Пояшро ба дигар љой мемонад. ) Шуд?
Овози Вийд. Хайрият- е! Љонама гирифитї-е!
Ширин. Вий! Ин кори кї?! Шакар? Симин? Бо ман бозї мекунед?
Вийд. Не, ман каси тамоман дигар.  Номама худат гуфтї: Вийд!
Ширин. Ту аз куљо пайдо шудї?
Вийд. Ман як умр њамин љо будам: хонабони хоназоди шумоям.
Ширин. Туро дидан мумкин аст?
Овози Вийд. Фаќат барои ту мумкин.

Вийд ба арѓамчине, ки дар шифти хона устувор  карда шудааст, часпида чун аќрабаки соати деворї ин тараф – он тараф парвоз мекунад.
 
Ширин. Вий! Мисли одам! Фаќат чиркину мўят расидагї!
Вийд. Очаам њам фаќат барои њамин љанг мекарданд! Чо кунам? Хушам нест.  Барои њамин маро партофта худашон ба Рассия, пеши падари ту Баракатуллоњ рафтанд. Кай меоянд, маълум нест. Вале ман зиќ мешавам.  Барои њамин ќонуни хонабонњоро вайрон карда, худамро ба ту нишон додам. Мехоњам, ки ту бо ман бозї кунї?
Ширин. Тавба. Ту чї бозї мекунї?
Вийд. Давидану љањидан, бо дафтару ќалами шумо бозї кардан.
Ширин. Ту ягон масхарабоз нестї, ки бо ман њазл карда бошї?
Вийд. Не, ман Вийди њаќиќї. Ту маро намезанї?
Ширин. Ин фикри аблањона аз куљост?
Вийд. Ба мо гуфтанд, ки одамизод ганда….
Ширин. Не, ман ба ту кордор нестам. Номат Вийд?
Вийд. Дар байни мо, хонабонњо, фаќат се ном њаст. Очањо - Войд, отањо - Вуйд, бачањо - Вийд. Мехоњам њамроњи ту бозї кунам.
Ширин. Барои бозї ваќт надорам: бояд њатто аз хондан монда, аробакашї кунам. То омадани падарам таъмини рўзгор дар гардани ман.
Вийд. Ман ба ту пул ёфта медињам, дар имтињон њам ёрї медињам.
Ширин. Пул аз куљо?
Вийд. Таги тањхонаро чуќур ковї, тангаи тилло мебарояд...
Ширин. Ту онро аз куљо ёфтї? Дуздидї?
Вийд. Не, вай дусад сол дар онљост.
Ширин. Э, бо ин афсонахо сари маро гаранг накун.
Вийд. Хуб, дар кори аробакашї ёрї медињам.
Ширин. Ана ин гапи дигар…
Вийд. Ист, ошно. Аввал ваъда дењ, ки бо ман дўстї мекунї, бозї мекунї, хафа намекунї!
Ширин. Хуб. Ман розї!
Вийд. Ману ту шодї мекунем! Вале ин сирро њељ кас надонад. 
Ширин. Чаро?
Вийд. Рафтем, дар роњ мефахмонам.
Љастухезкунон, аз арѓамчин ба арѓамчин парида,мераванд.

 НАМОИШИ 2.
 
Њамон љо. Чанд муддат гузаштааст.  Муаллими кимиё Зиёї меояд.  Модар Зиёиро пешвоз мегирад.  Муаллим асабонист.

Зиёї. Салом, модар…
Модар. Биёед, устод.  Хуш омадед.  Чаро зиќ менамоед?
Зиёї. Ќариб ду њафта мешавад, ки Ширинбек ба дарсњо намеояд.  Аввал гумон кардам, ки нотоб шудааст.  Вале дина ўро дар бозор дидам, бо ќиморбозу фитнагарњо ёр шудааст.  Ин оќибати хуб надорад.
Модар. Як соат- ним соат дар бозор мешинад, вале дигар ваќт бояд ба дарс равад.  Симин, ту хабар дорї?
Симин. Медонам, вале вай тањдид кард, ки агар гўям, сахт хафа мекардааст.  Гуфт, ки ин муваќќатї аст, андак пул кор карда баъд хонданро давом медињад.
Зиёї. Ин оќибати хуб надорад.
Модар. Албатта ўро аз ин роњ гардондан даркор.  Ана, худаш омад.

Ширин меояд, ќаноатманд аст, либосу рафтораш дигар шудааст.

Ширин. Салом устод.
Зиёї. Салом.
Ширин (ба Вийд, ки ўро дигарон намебинанд). Ана, акнун бало зад.  Чї кор мекунем? Њозир имтињон сар мешавад.
Вийд. Натарс, мувофиќи маслињат кор мекунем! Ман китобро мегирам. (Аз сумкаи Ширин китобро гирифта тайёр шуда меистад).
Модар. Бачем, гапњои нав-ку.
Ширин. Тинљї њаст, оча?
Модар. Туро сардори оила, љонишини падар гуфта, кору бори зиндагиро бовар кардем. Вале хонданро партофтї мегўянд?
Ширин. Кї хабар кашид? Ин кори Симин!
Зиёї. Не, ман гуфтам, ки ду њафта боз дар мактаб нестї.
Ширин. Хайр муаллим, медонед-ку: зиндагї мушкил, додарчаю хоњарчањоро калон кардан даркор, падарам двар мардикорї…
Модар. Не, бачем. Маслињати мо ин хел набуд.  Пули моњонаи ман кам бошад њам, як бало карда зиндагиро кашола карда мебарем.  Аз падарат њам ба наздикї пул меояд.  Вале ту бояд хонданро напартої.
Зиёї. Ту бачаи ќобилу доно будї, барои њамин дилам ба ту месўзад.
Ширин. Мебахшед, муаллим. Ман шабона дарсњоро тайёрмекунам.  Мехоњам, ки ба воситаи экстернат имтињон супорида, њамин сол хатти камол гирам. Метавонед имтињон кунед. 
Зиёї. Хуб.  Шумо, модар ва Симин ёвар мешавед. Агар тайёр бошї, аз фанни кимиё сар мекунем.
Ширин. Марњамат. Аз кимиё бошад, кимиё!
Зиёї. Ана ин муодиларо њал кун.
Ширин. Вий! Њамин ? Э ягон љиддитараша гўед, устод. Њо аз охири китоб, аз љое, ки њоло дарс нагузаштаед, мисол гиред.
Зиёї. Њм, хуб.  Ана инаша … Метавонї?
Ширин. Ње! Мисли ду кара ду чор! (Вий гўшакї кардан мегирад, Ширин дар ќоѓаз навишта медињад).  Ана.  Шуд?
Зиёї. (Сарашро хорида…) Ња, бад не.  Зуд роњи њалашро ёфт.  Боз месанљем.  Аз риёзиёт.  Ана ин теоремаро исбот карда метавонї?
Ширин. Вий! Душвор будааст. Ана ин хел кунем, мешавад?
Зиёї. Ња, бад, не.  Аз забон месанљем… Исм чист?
Ширин. Исм? Исм-а… саволи осон, ки… Вий!
Вийд. Њозир! (Мебинад, ки Асал дар даст чойи гарм меафтад, фавран ўро дошта, аз афтодан нигоњ медорад ва аз савол бехабар мемонад. 
Ширин. Вийд, ту куљо дафъ шудї?
Вийд. Саволро такрор бикун.
Ширин. Исм… чист?
Вийд. (гўшакї мекунад).  Исм…
Ширин. … њиссае нутќе, ки номи предметро мефањмонад. Ягон саволи љиддитар дињед, муаллим.
Зиёї. Хуб. Савол аз адабиёт.  Аз «Сиёсатнома» чї медонї?
Ширин. (Вийд гўшакї мекунад). Ин асари машњури Низомулмулк аст.  Дар сањифаи 103 навиштааст: “Шитоб набояд намудан дар корњо, ки он гоњ пушаймон шавад, суд надорад.” Њамин тавр нест?
Зиёї. Њм… Симин, барои санљидан, китобро кушода бин.
Симин. Хуб, устод.  (Китобро кушода мехонад).  Дуруст мегўяд.  Бинед.  “… он гоњ пушаймон шавад, суд надорад…”
Зиёї. Ин љо ким- чї хел як кори мўъљизамонанд њаст. Ибни Синою Абдурањмони Љомї њам чунин њофизаи хуб доштанд… Ба њар њол, аз дарс намон, писар!
Ширин. Албатта, андак пул љамъ кунам, меравам.
Модар. Шинед, устод, як пиёла чой гиред.
Зиёї. Ташаккур. Дониши имрўзаи Ширинбек бењтарин зиёфат шуд. 

Меравад. Њама ўро гусел мекунанд. 

Ширин. Вийд, ваќти санљиш куљо дафъ шудї?
Вийд. Хоњарат Асал ќариб чойи гармро ба дасташ рехта месўзонд.
Ширин. Бало ба паси вай! Ту маро фаромўш накун!
Вийд. Охир вай хоњаракат, сўхтанаш мумкин буд…
Ширин. Ту ќариб маро шарманда мекардї, мефањмї!? Агар боз њамин хел дилсўзї кардан гирї, аз дўстиву бозии ман умедатро кан.
Вийд. Не, ман ба ин роњ дода наметавонам, ки хањаракам сўзаду ман хомўш шинам.  Футболбозї мекунем?
Ширин. Не, пул даркор. Ба ќиморхона меравем!
Вийд. Охир пулат бисёр шуд!
Ширин. Мехоњам боз зиёдтар шавад. Ман мошин хариданї. Медонї, чї хел наѓз? Ба имтињон ба мактаб бо мошин меравам.
Вийд (ноилољ). Майлаш, розї.
Ширин. Вале њозир ба ин Симини хиёнаткор љазо медињем.
Вийд. Ба Симин? Вай ба ту бадї намехоњад. 
Ширин. Вай ќиморбозии маро хабар додаст.
Вийд. Не, вай фаќат аз дониши ту њайрон шуд.

Модар, Симин ва хурдсолон бармегарданд.

Модар. Ба куљо бачем? Бегоњ шуд.
Ширин. Як кас ваъда кард, ки ёрї дињам, пули бисёр медињад.
Модар. Не, шаб шуд, кифоя, бачем. Пулат њам бисёр аст…
Вийд. Дурўѓ нагўй, маслињати мо ин хел набуд…
Ширин. Ту хап шин, аљина!
Модар. Киро  “аљина” гуфтї?
Вийд. Не, оча, ман хамту…
Ширин. Равї, рафтан гир. Бало ба пасат.
Модар. Писарам, ду пул кор карда тамоман аз худ рафтї-ку?
Ширин. Э, не, ман њамту гуфтам.
Мадор. Ту аз куљо ба ин васваса гирифтор шудї? Ба мо ягон тин пули ту даркор нест.  Маошам мерасад. Ба наздикї дадаат њам меоянд. Аз њамин рўз кори бозор тамом: ба мактаб рав.
Ширин. Не, ман, ки пул дорам, худам шоњу табъам вазир (Меравад).
Модар. Уф… Ба ин бача чї шуда бошад?
Мераванд.  Вийду Ширин љанљолкунон меоянд.

Вийд. Ту чаро ин ќадар девонагї мекунї?
Ширин. Чи кор кардам?
Вийд. Очата хафа кардї, Симина хафа кардї. Пагоњ маро њам …
Ширин. Не, бе ту ман сифр-нол.  Њоло ёрии ту ба ман даркор.
Вийд. Гумон кардам, ки андак пулдор шавию, ваќтат холиат зиёдтар монаду њамроњи ман бозї кунї, вале ту ким- чї хел шудї.
Ширин. Чи хел «ким-чихел» шудаам?
Вийд. Мисли девона – фаќат  пул мегўи!
Ширин. Ња, ба ман пули зиёд даркор.  Имрўз ба ќиморхона меравем.  Ту ба ман картаи њарифонро мегўї ва мо пули бисёр кор мекунем.
Вийд. Не. Очаву дадоям онљо рафтанамро фањманд, љазо медињанд!
Ширин. Худат нагўї, кї мефањмад? Рафтем! Пули бисёр меёвем!
Вийд. Не, не, очам љанг мекунанд! Мумкин нест!
Ширин. Хайр, худам меравам. Алвидоъ!

 Меравад. Вийд тоќат накарда, бо бандњо љањида меравад.

Вийд. Э, не, Ширин! Ман бе ту зиќ мешавам.

Модар ва Симин меоянд..

Модар. Бечора, бачем! Ба чї умед калон кардам! Акнун дастёрам шуд, гуфта хурсанд шудам, ки ба ин бало гирифтор шуд! Наход роњи халосї набошад.
Симин. Муаллим Зиёї гуфтанд, ки пагоњ меоянд.
Модар. Аз муаллим Зиёї илтимос мекунам, ки ба фардо намонда имрўз оянд. Ба писарам ёрї расондан даркор.  (Мераванд).


НАМОИШИ 3.

Вийд ва Ширин меоянд.  Сари Ширин бастагї.  Нолиш мекунад.

Ширин. Вой сарам… вой дастам…
Вийд. Айби худат: гуфтам, ки нарав, онњо бачањои ганда…
Ширин. Ман бояд пули бисёр пайдо кунам! Онњо панљкаса шуда маро заданд. Оњ агар зўр мебудам!
Вийд. Зўр кардани ту ба ман мисли ду кара ду чор! Як нўшдору дињам, мисли фил баќувват мешавї, вале мумкин нест…
Ширин. Э, ту як бодии дањаняла! Агар ин хел дору медоштї, худат хўрда калон шуда ин хел аљина барин намегаштї!
Вийд. Эњња! Ман зўр, фаќат ќадам паст. Умуман, ќад чї даркор?
Ширин. Э, биё мон.  Дору- пору надорї! Медоштї, нишон медодї!
Вийд. Ана дору! Фаќат ба одам додан мумкин нест.
Ширин. Барои чї?
Вийд. Зеро ки баъд зўр шуда, маро дошта азоб медињї.
Ширин. Не, ман дўсти бењтаринамро азоб намедињам. Вале ба ин гапат бовар надорам.
Вийд. Ана.
Ширин. Вий. Наход ки…
Вийд. Ман барои дўстам њељ чизро дареѓ намедорам. 
Ширин. Те. Те…
Вийд. Вале очам мегуфтанд, ки агар одам зўр шавад, зўрии худро бењуда сарф карда, ба сари худаш бало меорад.
Ширин. Ман ин хел нестам. Те.
Вийд. Бобоям мегуфтанд, ки њамаи ин доруњо аз оамизод мондаанд, вале азбаски зўр шуда ба се дард—зулмоварї, ѓуруру нописандї ва ѓуломкунии каси аз худ сусттар машѓул мешуданд, мо хонабонњо он доруњоро пинњон кардем.
Ширин. Те, Вийдљон… Те. 
Вийд. Ту ќасам хўр, ки дигар намешавї, касеро озор намедињї…
Ширин. Ќасам! (Кашида мегирад ва менўшад).
Вийд. Як ќулташ бас, бисёр нанўш…
Ширин. Баданам гармї њис мекунад. (Боз менўшад.) 
Вийд. Бас, бас!
Ширин. Аз роњам дур шав, аљина.
Вийд. Зиёдаш ба ту зарар мекунад.
Ширин. Сар те шишаи доруро! (Вийдро бо як зарба дур мекунад).
Вийд. Ин ба љои рањмат гуфтан аст?!
Ширин. Гум шав аз назарам!
Вийд. Ман њам бо ту ќањрї! (Меравад).

Асалу Шакари Симин меоянд. Мусиќї монда мераќсанд.

Ширин. Э, гум кун мусиќита!
Симин. Мо ба љашни наврўз тайёрї мебинем.
Ширин. Китоб хонед!
Асал. Ака, мо дарсњоямонро тайёр кардем…
Ширин (магнитофонро хомўш карда, онњоро мезанад). Хомўш!
 
Вийд онњоро паноњ кардан мехоњад, вале худаш њам шатта мехўрад. 

Вийд. Э, вой, шикастї.
Ширин. Гум шав, дафъ шав!
Асал. Мо ба мусобиќаи байни синфњо тайёрї мебинем.
Ширин. Э, чанги хонаро ба осмон хезондед, њама љоро ифлос кардед! Гум шавед! Дафъ шавед!
Вийд. Охир инњо кўдаканд! Кўдаконро озор додан мумкин нест! Инњо-- додари худат, хоњари худат, бегона не-ку?
Ширин. Гум шав, аљина! Нахўди пеши ќошуќ нашав! Њи-я! Њи-я!

Нохост хуљум мекунад. Њама гурезон мераванд.

Вийд. Чаро ба ин девона доруи ќувват додам?
Ширин.  Њи - я! Њи - я!!!
Вийд. Очам мегуфтанд, ки одами бад пулу ќувват ёбад, аз худ меравад.  Ин рост будааст! Тавба кардам!
Ширин. Канї ту, Вийд? Меравем.
Вийд. Ту маро њам задї, миёнам шикаст.
Ширин. Миёни ту намешиканад. Ту аљина- ку? Айби худат, ки аралаш шудї!
Вийд. Њаќорат накун.  Ту гузарондї.  Ман њам гоњ- гоњ бо кўдакон љанљол мекунам, вале ягон бор онњоро бо мушту шаппотї назадам.
Ширин. Бачањоро тарбият кардан даркор: “Агар одамиро тарбият накунї, калон њам шаванд, мисли харе бошанд”, - гуфтаанд машоих.
Вийд. Инаш рост.  Худи ту шоњиди њол.
Ширин. Њоло њамин хел!? Ана ба ту, тарбиятгар!

Ширин Вийдро зери мушт мегирад.

Вийд. Кифоя. Тавба кардам.
 Ширин. Ба як шарт: Ту маро зуд соњиби пули бисёр мекунї. 
Вийд. Дар каллаи ту ин фикрњои бемаънї аз куљо пайдо шуд?
Ширин. Аз ту: Ту, ки набудї, ин байту ѓазал њам набуд. 
Вийд. Ман хостам, ки андак ёрї расонам, осудатар шавї, вале ту аз кори њалол даст кашида, фаќат пул мегўї…
Ширин. Бале! Пул, пул, пул…!
Вийд. Ман пушаймон шудам.  Меравам.  Алвидоъ.
Ширин. Не, ошно.  Ту дигар халосї надорї! (Дасту пойи ўро мебандад). Ту ба њељ куљо намеравї! Пагоњ мо бо гурўњи нашъфурўшон њамроњ шуда, пули зиёд кор мекунем!
Вийд. Гузарондї, ошно.  Банди маро кушо.
Ширин. Хоби хуш, аљина! Ман истироњат мекунам. (Хоб мекунад). )
Вийд. Афсўс, ки ман савгандамро шикаста бо одамизод дўстї кардам.  Агар очаам фањманд, маро намебахшанд. Худам њам аз ин љўра ќимоб шудам.  Бачаи содда, гумон дорад, ки маро бо банд бастааст… 
Бо як њаракати сабук  бандро мекушояд.
Ширин (хуррак кашида дар хоб аллої мехонад). Пул-пулу-пул-пул...
Вийд. Њатто дар хобаш пул мегўяд. Вале аз роњаш нагардонам, ба ягон балои бад гирифтор мешаваду уболаш ба гардани ман меафтад.  Худам ўро савдої кардам, худам бояд ўро халос кунам. (Меравад).

Модар, Симин, муаллим Зиёї меоянд. Ширин бедор шуда мехезад.

Ширин. Ња, муаллим? Биёед, андак нотоб шудам.
Модар. Муаллим Зиёї хабаргирї омаданд.  Мегўянд, ки барои бо экстернат тамом кардани мактаб њуљљат супоридан лозим будааст.
Ширин. Ташаккур.
Зиёї.  Барои дилпурї туро боз як бор имтињон кардан даркор.
Ширин. Имтињон бошад, имтињон.  Марњамат. Вийд? (Мебинад, ки Вийд нест).  Оњ, лаънати- е! Бандро канда рафтааст.
Модар. Киро мељўї бачем?
Ширин. Љуробамро куљо монда бошам?
Модар. Љурабакот дар поят.
Ширин. Э, ња-е. Мебахшед…
Зиёї. Тайёр њастї?
Ширин (ноилољ). Ња.
Зиёї.  Хўш, савол аз кимиё.  Ана ин муодиларо њал бикун.
Ширин. Ин муодилањо барои ман “Ду кара ду чор”… (Гўшакї мекунад).  Бењтараш ана ин 25 сомониро гиреду худатон њал кунед.
Зиёї. Ба фикрам, ту бемор њастї.
Ширин. Ба кимиё хуш надорам. Ман њуќуќшинос шуданї.
Зиёї. Хуб, аз таърих савол медињем, “Љанги рўи лой” кадом сол буд?
Ширин. Соле, ки боронгарии сахт шуда буд.  Ягон чизи љиддиро пурсед.
Зиёї. Хуб, ќањрамонњои достони Сиёвуш кињоянд?
Ширин. Аз Сиёвуш дида ќањрамони зўртар нест.  Кифоя муаллим. 
Модар. Ба ту чї шуд, бачем?
Ширин. Аслан, њозир хондан аз модда баромад, муаллим. 
Зиёї. Нафањмидам, шогирди доно…
Ширин. Њама гап дар сари пул. Пул дорї—зўрї, надорї зорї.
Зиёї. Эњња… Ин илмро дар кадом мактаб ёд гирифтї?
Ширин. Дар мактаби пул. Мактаби шумо аз модда баромад.
Модар. Бо муаллим ин хел гап назан, Ширин!
Ширин. Уф…
Муаллим. Барои пул кор кардан њам савод даркор.
Ширин. Хайр, якбора ба комисия имтињон месупорам. Њозир як кори муњим дорам.
Модар. Ба кучо?
Ширин. Баъд мегўям, оча. Хуш бошед.  (Меравад).
Зиёї. Гапи Симин рост баромад.  Ба ў ќуввае ёрї медодааст.
Модар. Худоё, њоло куљо рафта бошад?
Зиёї. Ба назди ќиморбозу нашъамандон. Ин оќибати хуб надорад.  Дар ин давраи гузариш ба балоѓат андак каљравї ўро шикаст медињад.
Модар. Уф.  Чї кор кунем, муаллим?
Зиёї. Осуда бошед.  Ман мераваму аз ду гўшаш дошта меорам.

Њама мераванд.  Шакару Асал меоянд.

Шакар. Гушна мондам, очам канї?
Асал. Тоќат кун, тоќат кун!  Њозир меоянд.
Шакар. Метарсам боз акам љанг накунад?
Асал. Чї донам? Пеш ин хел набуд.  Ман њам аз ў метарсам.
Шакар. Оњ омад! Пинњон мешавем!

Ширини латхўрда калавида - калавида меояд. 

Ширин. Оњ! Оњ! Ту ба ман хиёнат кардї, Вийд! Бе ту сирри ман ошкор шуду маро боз латукўб карданд! Оњ дилам, оњ сарам, оњ чашмам… Хайрият, ки муаллим Зиёї расида омаданду маро аз дасти он авбошњо халос карданд.  Дар ин љо кї њаст? Сачоќу оби гарм биёред.  Оњ сарам чарх мезанад… (Меафтад.) Об…об…

Симин омада оби гарму сачоќ меорад ва хуни рўи ўро мешўяд.

Ширин. Оњ, Вийди хоин! Ту љазо мегирї! Ќувваи ман куљо шуд?
Симин. Бечора, туро сахт заданд? Ин кори кист?
Ширин. Ња, Симин, туї? Њаќатро медињам, тоза пок кун.
Симин. Њаќ лозим нест, ман њамчун хоњар ин корро мекунам.
Ширин. Ин њамааш гап! Медонї, ки пул медињам…
Симин. Чаро инќадар даѓал шудї? Бењуда бо одамони бад њамроњ шудаї.  Њоло њам бошад аз роњат гард.
Ширин. Ба ман гап ёд нате. Кората куну њаќата гир, хизматгорча!
Симин. Ин хел бошад њаволаат ба Худо.  (Меравад.)
Ширин. Равї, рафтан гир! Вой сарам…  Бачањо, як доруи дарди сару як пиёла об биёред.  Набошад хеста мурданї мезанам! Вой сарам!
Асал. Уф…  Дилам месўзад: ман обу дору мебарам.
Ширин. Ња, бале хоњаракам.
Асал  (дар пиёла аз сатил об гирифта пеш меояд). Њозир, акаљон… 

Вале нохост ба банди шифти хона часпида љаста Вийд мегузарад. Дањону биниашро бо латта бастааст. Аз шамоли њаркати дасти ў пиёла афтида, обаш мерезад. Асал тарсида мегиряд ва рафта руст мешавад.

Вийд. Об набаред!
Ширин. Оњ, чї шуд? Ба назарам Вийд намуд. Об дињед! Дору дињед.
Шакар. Дилам месўзад. Ба њар њол бародарам.
Ширин. Чи хуш, ки додарак дорам.
 
Ў њам об гирифта наздик мешавад.  Боз Вийд ба арѓамчин часпида, љаста мебарояд ва бо шамолаш обро чаппа мекунад.

Вийд. Лозим нест!
Ширин. Вийд! Дидам туро! Ин кори туст! Вой сарам! Дору дињед…

Модар меояд.

Модар. Чї шуд, бачем? Вой, сару рўят хок. Бо кї љанљол кардї?
Ширин. Оча, обу доруи дарди сар дињед.
Модар. Њозир, бачем.

Ба тарафи сатил меравад.  Вале Вийд обро мерезад.

Ширин. Бас аст, Вийд? Ту аз ман чї мехоњї?! Ман тавба кардам!
Модар. Худоё, бачем, алої мегўї? Духтурро биёрам. (Меравад)
Ширин. Не, не. Њељ чиз лозим нест.  Моро танњо гузоред. Вийд, аз ман гузашт.  Мебахшї. Биё, ки бе ту њолам вазнин шуд.
Вийд. Њмм… (Бегап омада, ба љароњати ў марњам мемолад.
Ширин (ўро намебинад).Вийд, наход, ки ту њамин ќадар берањму шафќат бошї.  Охир тану љонам месўзад…
Вийд. Ман кайњо дар барат, дигар љароњатат сўзиш намекунад.
Ширин. Ња, сарам соз шуд.  Вале ту дар куљої?
Вийд. Ту дигар маро намебинї. Имрўз волидони ман аз Россия меоянд.  Ман њамроњи хоњаракону додараконам бозї мекунам, охирин маротиба аз рўи шафќат ба ту ёрї дода, сињат мекунам. Вале ќасам хўрдам, ки дигар бо одамизод дўстї намекунам.
Ширин. Чаро ќувваи ман тамом шуд?
Вийд. Ќувваи ту зиёд аст, вале агар ба роњи бад рафтан гирї, он ќувва гумм мешавад; агар бо корњои нек машѓул шавї, неруи ту зиёдтар шудан мегирад. 
Ширин. Ба ман акнун бе ту мушкил мешавад.  Гўй, ки чї кор кунам?
Вийд. Ёрии охирини ман ана ин китоби Љумъа Ќуддус «Вийд» аст. Хону дар мушкилоти зиндагї дарнамон.
Ширин (мехонад). “Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек”. Фаќат њамин?
Вийд. Бале. Ту бояд хушмуомила, дилсўз ва мењрубон бошї.
Ширин. Эй, воњ, нашъмандон маро хомохом мехўранд.
Вийд. Агар дуруст пурсида тавонї, ба ту кордор намешаванд.  Узр пурсида метавонї? Ку, аз ман узр пурс.
Ширин. Э, братишка, хай, мебахшї- да! Кароче, товба…
Вийд. Не, не, не.  Гардана рост гиру миёна андак хам бикуну даст дар рўи дил мону бо овози мењрубононаи сулњомез гап зан.
Ширин. Хуб.  (Миёнашро хам мекунад.) Додарљон, якравї накуну ёрї те…
Вийд. Узр пурс, соз пурс… Наметавонї.
Ширин. Метавонам, њозир… Узр, Вийдљон. Дар ин њол рафтани ту номардї. Њоли ман чї мешавад?
Вийд. Нашуд. Боз андак мењрубонтар. 
Ширин. Уф…
Вийд. Хайр, ихтиёрат, ман рафтам.
Ширин. Э, додарљон, дар њаќиќат, ту ба ман даркор, илтимос, биё оштї шавем, ман бе ту зиќ мешавам.
Вийд. Андак бењтар.  Хоњї зиќ нашавї, китоб хон, хоњї доно шавї, китоб хон, хоњї зўру тавоно шавї, китоб хон. Хоњї сарватманд шавї, боз њам китоб хон, мењрубон бошу амалхои нек бикун! (Ба арѓамчин часпида боло мебарояд).  Дигар саломат бошї.
Ширин. Ту ба куљо меравї?
Вийд. Ба пешвози очаю дадоям. 
Ширин. Не, не, не! Нарав!
Вийд. Узру мењрубониро ёд гирифтї, ман туро ба њолати пешинаат баргардондам ва бо њамин ќарзамро иљро кардам. 
Ширин. Исто! Мо њамроњ бозї мекунем!
Вийд. Алвидоъ!
Ширин. Наход, ки ягон илољ набошад?
Вийд. Агар тамоман бачаи наѓз шавї, ман бармегардам.
Ширин. Нарав! Вийд! Нарав!
Вийд Ба ту як сол мўњлат. Алвидоъ!

Аз ќафои Вийд медавад. Вийд чанд бор дар арѓамчин алвонљ хўрда оќибат аз сањна ѓайб мезанад, Ширин давида меафтад. Њама  меоянд.

Модар. Ширинбек, канї ту? Худоё, дар ин љо афтидааст.  Љароњаташ сињат шудааст…  Худоё шукр…
Симин. Дору овардем, Ширин. Бинўш (Дору мехўронанд).
Ширин. Ташаккур ба њамаатон. Оча, аз гуноњам гузаред.
Модар. Љони оча, њељ гап не. Ба инњо ташаккур гўй. Аз Симин розї шав, ки бо илму донишаш туро аз банди бало халос кард.
Ширин. Ташаккур, Симин. Бубахш, ки ба ту даѓалї кардам.
Симин. Ман кайњо туро бахшидам, акаљон.
Ширин. Шумо куљоед, шайтончањо? Асалљон, Шакарљон?
Шакар. Моро бо шатта намезанед?
Ширин. Не.
Асал. Моро љанг намекунед?
Ширин. Не, мо инсонем, охир. 
Њарду. Рањмат.
Ширин. Ба “Андалеб” тайёрї медидед? Машќро давом дињед.
Асал. Не, охир њавои хона пур аз чанг мешавад- ку?
Шакар. Охир мусиќї ба шумо намефорад- ку?
Ширин. Мефорад.  Шумо њатман мусиќиро монда машќ кунед, ман назорат мекунам.  Симин ёрї медињад, модарам бањо медињанд.
Шакар. Хона ифлос мешавад гуфтед. ку?
Ширин. Баъд њамроњ тоза мекунем! Ваќте, ки мусиќиву суруд бошад, аз хона ѓаму ѓурбат, кинаву њасрат дур мешавад! Мусиќиро монед!

Мсиќї. Њама мераќсанд. Вийд аз дур назора карда, шод мегардад. Ба раќси хотимавї њамроњ шуда, ба таъзим мебарояд.

П А Р Д А


Рецензии