Супер-духтарак. мазхака

Љумъа ЌУДДУС


ТАРСАНДА ВА СУПЕР-ДУХТАРАК

Мазњака барои бачањо



Иштирокчиён:

Фирўз – Тарсанда – 8-сола.
Анўша – 8-сола.
Модар – 28-сола.
Дев – 18- њазорсола.

____________________________________


Пролог.

Њавлии муќаррарї дар дења. Шом. Фирўз дар долони хона дар арѓунчаки бачагона хоб аст. Дар як тараф сатилњо, дар як тараф курсї ва дуртар аз он танўр, ки дар торикї чандон маълум нест. Дар љониби дигар нињоли себ. Ториктар мешавад. Фирўз бо чашмони нимпўшида мехезад. Љониби дарахт меравад. Ба нињол санг мезанад.

Фирўз. Баъди хоби ширин себи туруш мефорад. Эњ, нарасид. (Боз санг мезанад).  Эњ, боло рафт… Сангам ба сари ягон саг зад.
Аз дур аккоси саг, садои мурѓон. Шамол. 
Овозе монанд ба хурраккашї. Аз болои дарахт дев мефарояд
Дев. Пањ-пањ, бўйи одамизод!
Фирўз. Воњ, ин чї бало?
Дев. Кист, ки ба себи ман санг мезанад!?
Фирўз. Воооњ, ту кистї? 
Дев. Ту кї?
Фирўз.  Ман Фирўз – хонандаи синфи якуми «г».   
Дев. Ња-ња-ња… Фирка-Тарсанда худат њастї?
Фирўз. Ња-ю… Шумо кї? Дар дарахти себи мо чї кор мекунед?
Дев. Ња-ња-ња. Ин себи ман.
Фирўз. Шумо кї?
Дев. Ња-ња-ња. Ман дев-бобо. Нашунидї?
Фирўз. Вооњ, њамон деви дар афсонањо мегуфтагї?
Дев. Ња-ња-ња… Шабњо дар боѓу роѓ мегардам. Бачае, ки себи хомро меканад, як луќмаи хомаш мекунам! Ња-ња-ња. Акнун ман туро мехўрам.
Фирўз. Вой, ман метарсам. Маро нахўред.
Дев. Охир ту себи хоми маро кандї! Арзи нињолро намешунавї? -
Шеър ё суруд бо овози рањмомези нињол дар сабт.
Бар шохаам санге мазан,
Бар ѓураам санге мазан.
Бозї макун бо себи ман,
Њаргиз мадењ озори ман.
Монаш, ки то охир рассад,
Ширин шавад, бењтар пазад.
Чун ваќту фурсат мерасад,
Ин ѓўра яксар мепазад.
Аз њалќањои себи ман.
Афзуда бошад зеби ман.
Пас худ бирезам пеши ту,
Бе зањмату ташвиши ту.
Бар шохаам санге мазан,
Бар ѓўраам чанге мазан.
Дев. Фањмидї? Себи туруша канда хўрдї? – Хўрдї. Акнун ман туро мехўрам.
Фирўз. Дигар намекунам. Дев-бобо, маро нахўред.
Дев. Бобо нагўй. Бачае, ки ба нињол санг мезанад, набераи ман нест! Боз ту хоби маро вайрон кардї. Хоб кардан мехоњам. Хушам нест, ки дањон кушоям. Худат рост ба дањонам даро. (Дам мекашад). Фишшш…
Фирўз. Не! Не! (Гурехтан мехоњад, вале дар як љой пой мекўбад).
Дев. Биё… (Дам мекашад). Фишшш…
Фирўз. Оча! Маро халос кунед! Оча!
Дев (дам мекашад).. Фишшш…
Фирўз. А-а-а-а! (Шитобон ба долон рафта, худро ба арѓунчак мепартояд).
Модар меояд.
Модар. Фирўз! Фирўзљон! Ба ту чї шуд? Боз тарсида хестї?
Фирўз. Дев омад. Дар болои себ…
Модар. Тарсидї. Об нўш. Чї хоб дидї?
Фирўз. Як дев омад, ана ин ќадар калон буд! Туро мехўрам гуфт…
Модар. Э, содда, дев гуфтанї махлуќ нест. Хона – хонаи худамон. Боѓ-боѓи худамон. Ягон каси бегона нест… Аз чї метарсї?
Фирўз. Худатон доим мегуфтед – ку: хоб накунї, дев меояд; шўлая нахўрї, дев омада туро мехўрад; ба дарахт набаро, ки дев мехўрад.
Модар. Дар кўдакї бо ин бањона аз кори бад мегардондам. Аз куљо медонистам, ки ин ќадар тарсончак мешавї. Ту акнун бачаи калон шудї, пушту паноњи мо шудї… Дигар натарс. Дев-пев нест! 
Фирўз. Ман њозир дева ба чашми худам дидам. 
Модар. Уф… Бас, бачем. Ба ту айб аст дигар.
Фирўз. Агар шумо расида намеомадед, вай маро мехўрд.
Модар. Гуш кун, писарам. Ту худатро бењуда азоб медињї. Устодони инсоният дар китобњояшон навиштаанд, ки дар асл деву љин нест, фаќат дар тасаввури баъзењо њастанд. Медонї, дев чиро хўрда ќувват мегирад? 
Фирўз. Бачањоро…
Модар. Бачаи содда. Дев аз гуноњи одамон сер мешавад. Ту гуноњ мекунї – дев дар дили ту дар тасаввури ту пайдо мешавад.
Фирўз. Чї хел?
Модар. Ана бин, ту имрўз аз дарс гурехтї, њамроњи Самад ба боѓи мактаб даромада, себи хом чиндед. Њамин тавр? Дар дилат тарс пайдо шуд, ки пагоњ муаллим туро коњиш медињад. Ваќте ќаровул шуморо дида, љанг кард, тарсида гурехтї. Акнун аз он метарсї, ки боѓбони мактаб туро шинохтааст, пагоњ ба муаллим мегўяд ва туро дар байни бачањо шарманда мекунад. Њамин тавр?
Фирўз. Ња-ю…
Модар. Тарси дили ту аз корњои бадат ба деве мубаддал мешавад ва дар тасаввури ту калон шудан мегирад. Барои он, ки аз дев натарсї, бояд гуноњ накунї. Пас, деву љин чист? – кирдори бади ту! Кори бад накунї аз њељ чиз маметарсї, дарс хонї, корњои хуб кунї, дев дар тасаввури ту тамоман нобуд мешавад. Фањмидї?
Фирўз. Фањмидаму боз њам аз дев метарсам …
Модар. Уф… Дигар тоќати насињат кардан надорам. Корам бисёр. Туро ба духтур бурдан даркор.
Фирўз. Не, духтур маро укол мекунад…
Модар. Хайр, зиндагї худаш ягон рўз туро њушёр мекунад. Ман њамроњи холаат барои хабаргирии бобоят меравем. Дертар меоем.
Фирўз. Ман чї?
Модар.  Ту бояд дарсњоятро тайёр кунї.
Фирўз. Эњња, ман танњо метарсам…
Модар. Хона – хонаи худамон. Боѓ-боѓи худамон. Аз чї метарсї? Нону самбўса дар болои танўр. Гушна монї, гиру хўр.
Фирўз. Чаро дар болои танўр? Ман метарсам?
Модар. Гушна, ки мондї, тарсро фаромўш карда мегирї.
Фирўз. Оча, ман њам бо шумо меравам!
Модар. Хап! Ба ман думравак даркор не.
Фирўз. У-у-у-у…
Модар (шеър дар дар сабт, мазмунашро бо ишора нишон медињад).
Фарзанд бошад, чї сон бошад?-
Ќобил бошад, пурдон бошад.
Ифтихори ёрон бошад.
Бар тањсинњо шоён бошад,
Модар аз ў хандон бошад,
Падар аз ў шодон бошад.

Фарзанд бошад, чї сон бошад?
Ёри пиру љавлон бошад?
Бар љумла мењрубон бошад,
Нотарсу пањлавон бошад.
Модар аз ў хандон бошад,
Падар аз ў шодон бошад.

Фирўз. Майлашу… Оча, ман танњо зиќ мешавам, охир…
Модар. Хайр, Анўшаљон - духтари холаатро мегўям,  њамроњи ту меистад.
Фирўз. Анўш!? Воњ! Аз дев дида Анўша дањшатноктар.
Модар. Вай ту барин тарсончак не.
Фирўз. Вай ба њама чизњои ман чаќа мешавад.
Модар. Вай мењмон. Мењмона хафа накун. (Меравад).
Фирўз (танњо). Агар дањ духтари ганда бошад, яктааш Анўш – Неш аст ; се духтари ганда бошад - яктааш Анўш-Неш . Як духтари ганда бошад, њамон Неш аст.
Љониби танўр нигариста, андеша мекунад.
Вале як хубї дорад Анўша: аз ягон бало наметарсад. Нону самбўсаро нотарсона  аз болои танўр гирифта медињад. Фаќат вай якрав, «ни-ни-ни-ни», ки гуфт, тамом. Ягон бањона ёфтан даркор, ки «ни-ни-ни-ни» нагўяд. Чї бањона ёвам? Дурўѓ-дурўѓ таъриф мекунам. Њм… таърифи дурўѓї ба њама мефорад-е…
 Дар кўча маѓал. Фирўз ба кўча назар мекунад.
Овози Анўша. Ќиюв – ќиюв – ќиюв – ќиюв – ќиюв …
Фирўз. Оњ, ана вай омад!
Овози Анўша. Дар куљої, Тарсанда!?
Фирўз. Оњ, инаш боз чї бало? «Палундра»!  Аз дасти «Неш» њатто сагу мурѓу гурба дар азоб. Наљот дињед!
 
Фирўз сатилњоро чун баррикада пеш мегузорад, ба сар косаи оњанї мепўшад, табаќро сипар мекунад, тираки хамирро ба даст мегирад. Паси сутун пинњон мешавад).
Анўша савори худрав (самокат) дар китф камону тир, дар миён шамшер меояд, сатилњои холиро чаппа мекунад. Овози мурѓњо, аккоси саг.
Анўша (шеър ё суруд дар сабт).
Тарсончак, эй тарсончак!
Тарсутарин тарсончак!
Бигў, чаро ба њар кор
Бањонаи ту бисёр?
Чаро аз љў метарсї?
Аз сари кў метарсї?
Аз шаби тору хамўш,
Аз љанги гурбаву муш?
Аз деву хобу хаёл
Заргўш барин меларзї?
Фардо кї мешавї ту?
Фардо чї мешавї ту? -
На ронандаи мошин,
На дарёгарди матин.
На геолог, на духтур,
На кўњнаварди љасур.
Кї мешавї, тарсончак?
Чї мешавї, тарсончак!

Фирўз . Кори ту набошад!
Анўша. Куљої Фирўзи - тарсанда!?  Љойи пинњоншавиат маълум.
Фирўз. Ман дар инљо. Аз дасти «Нўшу неш» халос шудан мумкин не.
Анўша. Баро ба љанги камони ман! Ана ба ту! Ана ба ту!
Аз камони бачагона чанд чўба тири пластмассї мепарронад. Дар хаёли Фирўз вай ба садои тири тўпу ракета мубаддал мешавад. Фирўз дар нўги тираки хамирпањнкунак кулоњи сафедашро гузошта боло мекунад.
Фирўз. Таслим. «Нўшу неш», дигар тир назан. Таслим!
Анўша. Ана ин гапи дигар. Ту маѓлуб шудї. Љонатро бо чї мехарї?
Фирўз. Бо… себ.
Анўша. Мешавад. Аз гуноњат гузаштам. Ису гузар.
Фирўз. Ин тиру камонро ба ту кї дод?
Анўша. Дар зодрўзам њадя карданд. Шамшери сењрнок. Ту чї туњфа мекунї?
Фирўз. Ман? Бало…
Анўша (бо шамшер бозї карда). Чї?!
Фирўз. Самбўса… Њадяи ман самбўса.
Анўша. Майлаш, мешавад, «эке»…
Фирўз. Лекин, як хоњиш, Нешљон. Ваќте даркор нестам, бо масхара «эке» мегўї; табъат наѓз бошад, оддияк «ака» мегўї; барои тутчинї даркор шавам, «акаљон» мегўї. Аз ин пас маро њамту ака гўй.
Анўша. Хуб, «њамту ака»,
Фирўз. Аслан, ин шамшеру тиру камон ба ман мезебад.
Анўша. Вале ту, охир, тарсончак. Холаам гуфтанд, ки туро посбонї кунам.
Фирўз. Э, бо ту якбора талхакаф мешавам.
Анўша. Чї мешавї?
Фирўз. Гуфтанї будам, ки бо ин шамшер ман њам шер мешавам.
Анўша. Ва аз деву љин наметарсї?
Фирўз. Не. Аслан шамшербозї - кори бачањо. Ба ман те.
Анўша. Ман бахил не. Гир. Ба шарте, ки афсона-бозї мекунем: Шоњдухтарро дев дуздидааст. Ту Фирўз-пањлавон, омада духтарро аз дасти дев хало мекунї.
Фирўз. Гап нест. Наљот медињам. Шамшеру камона те. 
Анўша. Марњамат, пањлавон- ака…
Фирўз. Рањмат. (Шамшеру камонро мегирад).
Анўша (мўйњояшро тит карда, дар курсї мешинад). Тайёр њастї?
Ториктар мешавад.
Фирўз. Ман тайёр!
Анўша. Фирўз-пањлавон, куљої, девро кушта маро наљот дењ!
Фирўз. Девро бо чї мекушам?
Анўша. Бо тиру камон, бо шамшери ман.  Вай сењрнок. Нури лазерї дорад. Мебинї, дар торикї равшантар аст.
Фирўз. Рост? Ана њамин хелаш ба ман маъќул.
Анўша. Вале ба замин афтонї, ќувваташ нест мешавад.
Фирўз. Майлаш.
Анўш. Аз тиру камон сар бикун.
Фирўз. Ана, ба ту. Э, нашуд-ку.
Чанд чўба тири пластмассї мекушояд, вале тир тарафи дигар меравад.
Анўша (механдад). Камона рост гир…
Фирўз. Ман рост гирифтам…
Анўша. Бењтараш, бо шамшер мељангам.
Фирўз. Дуруст. Бо шамшери сењрнок.
Фирўз камонро партофта, шамшер кашида ба сари Анўша меояд.
Анўша. Оњ, халос кунед…
Фирўз. Њой дев, ман туро кушта, шоњдухтари зеборо озод мекунам!
Анўша. Э, афандї, шоњдухтари соњибљамол манам.
Фирўз. Њамин ту?! Нўшу неш - «Шоњдухтар»? «Соњибљамол»?!
Анўша. Хайр, чї шудааст!?
Фирўз. Ња-а…. Ту духтари њаќиќии шоњи… аљинањо.
Анўша. Чї гуфтї?! Кї духтари шоњи аљинањо.
Фирўз. Ту, Неш! Неши замбўр… (Њуљум мекунад).
Анўша ба замин хам шуда, бо усули карете ба пои Фирўз зарба зада меафтонад.
Анўша. Ана ба ту.
Фирўз. Вой поям шикаст.
Анўша. Кї духтари шоњи аљинањо?
Фирўз. Э, шўхї кардам… Хайр, бахшиш.
Анўша. Ман ба ту бахшї не. Ман ќањр кардам, меравам…
Фирўз. Дар торикї куљо меравї? Дев мехўрад…
Анўша. Ман мисли ту тарсанда не. Шамшери сењрнок дорам.
Фирўз. Не, дев маро мехўрад.
Анўша. Хўрдан гирад! Корам чї?
Фирўз. Медонї – ку, ман шоир. Хайр, як ќофия омад. Биё, оштї шавем…
Анўша. Ба як шарт: дигар маро духтари шоњи аљинањо намегўї! «Нўшу неш» нею Анўша гуфта ном мебарї.
Фирўз. Хуб шудааст. Анўшаљон мегўям.
Анўша. Хуб. Афсона-бозиро давом дињем. Маро аз дев наљот дењ.
Фирўз. Аз кї? Аз дев!? Э, биё, номи дева нагир…
Анўша. Охир, мувофиќи афсона ту бояд маро наљот дињї.
Фирўз. Наљот медињам, ба шарте ки самбўсаро биёрї…
Анўша. Самбўса ба пањлавонї чї дахл дорад?
Фирўз. Аввал шиками пањлавона сер кардан даркор. Ягон чизи хўрданї дорї?
Анўша. Не, охир ман асираам. Ин љо хонаи дев, самбўса надорад.
Фирўз. Агар ёфта гирам, чї?
Анўша. Пас, муаллими карате бо ман бењуда дарс гузарондааст.
Фирўз. Самбўса, ки надошта бошад, ман рафтам, «соњибљамол».
Анўша. Не, акаљон, ту бояд рафта, бо дев љанг бикунї.
Фирўз. Э, ман девонаам, ки барои кадом як духтар љонамро ба хатар андозам?
Анўша. Бењунар! Ту на тирпаррониро метавонї, на шамшеркаширо. 
Фирўз. Метавонам, лекин номи дева нагир.
Анўша. Э, шамшера те.
Фирўз. Гир. Кал чї доштааст? – Як шона.
Анўша. Э, аз ту пањлавонї намебарояд. Худам дева нобуд мекунам.
Фирўз. Боз бењтар. Вой, њаво торик шудааст. Ваќти омадани дев…
Шитобон ба долон меояд.
Анўша. Куљо рафтї?
Фирўз. Ту девата кушу, кулчаю самбўсаро наљот дода биёр.
Анўша. Чиро?!
Фирўз. Кулчаю самбўсаи бамаззаро, ки ба зодрўзат тўњфа кардам. 
Кулчача аљаб ширин?
Самбўса асал барин?
Бай-бай чї мазза дорад?
Ин кулча љазза дорад.
Рангаш чї сон банур аст.
Гап ё ки дар танўр аст!
Ин њусни кулча аз чист?
Бинаш, ки кулчапаз кист!?
Анўша. Канї кулчаву самбўсаат?
Фирўз. Вай дар болои танўр. (бо шеървасф мекунад).
Анўша. Хайр, Биёр, охир.
Фирўз. Ин кор барои ту осон. Ту варзишгар-ку? Бо худњаракатат (самокат) зуд рафта девро нобуд мекунию самбўсаро гирифта меорї.
Анўша. Чї, дасту пойи худат шикастааст?
Фирўз. Пои мана зада шикастї.
Анўша. Вай бечорае, хунаша бинед, сап-сафед… Њатто дили ана вай тимсоњчаи хушрўяк ба ту сўхта истодааст…
Фирўз. Тимсоњча дар кўњистон аз куљо меояд?
Анўша. Ана бин- дар барат. Биё, «крокодил»-ча. Биё, зиќ нашав.
Фируз. Эњ, ин калтакалос! (Бо тирак зада меронад). 
Анўша. Келас? Ман аз вай метарсам.
Фирўз. Э, вай безарар. Пашша мехўрад. Бењтараш, самбўсаро биёр.
Анўша. Биё, саволу љавоб кунем, касе бой дињад, самбўсаро меорад.
Фирўз. Хуб.
Анўша. Аз кадом фан бањои панљ дорї? (Рўзномаашро мебинад). Эњња… Чаро аз математика се гирифтї?
Фирўз. Худи ту чанд гирифтї?
Анўша. Њашт минуси чор - плюси як!
Фирўз. Э, тољикї гап зан.
Анўша. Бачањо, чанд мешавад? - Њашт  минуси чор, љамъи як.
Фирўз. Э, ёфтам… Панљ.
Анўша. Саволи дигар: кадом модда дар об тар намешавад?
Фирўз. Албатта, моњї.
Анўша. Бесавод.
Дар ваќти тањсил ту аз тањи дил
Хону хону хон, дону дону дон.
Асбоби хониш карда созу соз
Рў сўи мактаб тозу тозу тоз.
Бо китоби наѓз - шину шину шин.
Маънои онро  - чину чину чин.
Гуфти муаллим  - санљу санљу санљ.
Доим бањо гир - панљу панљу панљ.
Фирўз. Ман мехонам. Вале ба ман забон маъќул.
Анўша. Хуб. Ман ягон сифат мегўям, ту аксашро гўй. Талх… 
Фирўз. Самбўса.
Анўша. Ин намешавад.
Фирўз. Барои чї намешудааст?
Анўша. Мисол, ширин гуфтан мумкин.
Фирўз. Шикам гушна бошад, самбўса чунон ширин мешавад, ки...
Анўша. Хайр, исмро номбар мекунам, ту синоними онро гўй. Шамол.
Фирўз. Самбўса.
Анўша. Боз самбўса? Вай ба шамол чї монандї дорад?
Фирўз. Гап дар он, ки шамол шавад, дев меояд, самбўса бошад, дар болои танўр аст ва онро ман гирифта наметавонам – аз дев метарсам.
Анўша. Уф…  Савол аз география. Ман номи давлатњоро мегўям, ту пойтахти онњоро ёв. Мисол, Тољикистон. – Пойтахташ шањри Душанбе.
Фирўз.  Хуб. Гап зан.
Анўша. Австралия…
Фирўз. Самбўса.
Анўша. Уф…
Фирўз.  Пойтахт бе самбўса намешавад. Э, биё, ман савол дињам.
Анўша. Хуб…
Фирўз. Агар дар кўњњо рањгум занї, чї хел мебарої?
Анўша. Бо компас самти дењаро муайян мекунам.
Фирўз. Компасро гум карда бошї чї?
Анўша. Ман содда нестам, ки чизи даркориамро гум кунам…
Фирўз. Ба њар њол, љанубу шимолро чї тавр меёбї?
Анўша. Осон: дар тирамоњ паррандањо ба љануб мепаранд,  дар бањор аз љануб меоянд.
Фирўз. Њозир тобистон: паррандањо ба њељ тараф намепаранд.
Анўша. Хайр, наёфтам. Гўй, чї хел?
Фирўз. Аввал самбўсаву ќайларо биёр, баъд мегўям.
Анўша. Не, аввал бигў, баъд.
Анўша. Фирўз. Не, аввал самбўса…
Анўша. Худат намедонию бањона мекунї…
Фирўз. Медонам. Дар тобистон алафњои тарафи љанубии кўњ зард мешавад, тарафи шимолиаш сабзтар…
Анўша. Инро худам медонистам.
Фирўз. Не, не. Бой додї. Акнун самбўсаро биёр.
Анўша. Ту чаро ин ќадар ба самбўса часпидї? Росташа гўй.
Фирўз. Рости рости рости росташ… Ман аз дев метарсам.
Анўша. Кадом дев? Куљост дев?
Фирўз. Дев баъди торикї пайдо мешаванд. Аллакай торик шудааст.
Анўша. Э, содда, дев-пев нест.
Фирўз. Њаст. Аз паси дарахт пайдо мешавад, овозаш дањшатнок, дасту поњояш дароз, каллааш калон…
Анўша.  Деву аљина фаќат дар тасаввуроти одамони тарсончак њастанд.
Фирўз. Ба ту дар бораи деву аљина афсона нагуфтаанд?
Анўша. Гуфтанд. Вале ин киноя ба одамон. Мисол, аљина мисли ту мешавад.
Фирўз. Масхара накун! Худат аљина!
Анўша. Дидї, боз андаки дигар ќањр кунї, деви тапа-тайёр мешавї. Ба љойи афсонаи дев, њикояњоро дар бораи ќањрамонњо хондан даркор.
Фирўз. Чї донам, аз кўдакї ба ман дар бораи дев афсона мехонанд. Метарсам.
Анўша. Ту ба афсона бовар мекунї?
Фирўз. Ман ўро ба чашми худам дидам.
Анўша. Хонаи вай дар куљо будааст?
Фирўз. Дар кўњ, дар боѓ, дар паси танўр…
Анўша. То ки ваќти самбусаро гирифан туро хўрад?
Фирўз. Уф, ба ту гуфтан осон.
Анўша. Хуб, ба фикри ту, дев чї мехўрад?
Ф ирўз. Бачањоро…
Анўша. Агар дев бачањоро мехўрд, дар дунё бача намемонд. Ку, ягон мисол биёр, ки дев бачањоро хўрдааст. 
Фирўз. Очам мегўяд, ки дев аз гуноњњои мо сер мешавад.
Анўша. Ана дидї? Пас кадом ваќт дев аз гуруснагї мањв мешавад? – аз корњои хуби одамон. Агар ту кори бад наунї, тарсро дар дилат нест кунї, дев нест мешавад. 
Фирўз. Ту дар гап усто. Вале нотарсї кардан мушкил.
Анўша. Ба худат бовар кунї, њељ мушкил нест: рўбарў омадї, гўй: ту дар асл нестї. Танњо дар тасаввури ман њастї! Аз танбалию дарсгурезии ман њастї!  Ман аз ту наметарсам! Зеро ки нестї!
Фирўз. Ту чунон бо боварї мегўї, ки ман њам ќариб бовар кунам… Кошки дар ваќташ ба ман дар бораи деву аљина афсона намегуфтанд.
Анўша. Ња, афсонањоро дигар кардан лозим.
Њарду. Очаљон, як ќисса гў,
Дар ин ќиссаяки ту
Хирсак нодон набошад,
Оњу њайрон набошад.
Рўбањ бе дум набошад,
Айёру шум набошад.
Бузакат бе гург бошад,
Нотарсу бузург бошад.
Бачањош доно бошанд,
Ба монанди мо бошанд!
Гурбаю муш набошад,
Деви бе гўш набошад.
Фирўз. Хайр, гапа тарафи дигар набар. Шартро, ки бой додї, ба дев, ки бовар надошта бошї, рафта самбўсаро биёр.
Анўша. Хуб… Эњ, танўратон баланд, дасти ман намерасад.
Фирўз. Бањона накун. Ана он курсиро монда болояш баро.
Анўша. Хуб.
Фирўз. Шамшери сењрнокатро њам гир.
Анўша. Шамшер ба ту лозиим. Ман калимаи љодуро медонам.
Фирўз. Чї калима будааст?
Анўша. «Ман аз ту наметарсам, зеро ки ту нестї! Нестї! Нестї! «Ман Анўша – духтари љасур- супер-гоол! Деви тарсу воњимаро ман бо илму дониш маѓлуб мекунам»!
Фирўз. Обба, супер-гоол. Дев аз пешат барояд, мебинем, чї кор мекунї. 
Анўша дилпурона љониби танўр меравад. Шеър мехонад (дар сабт).
Анўша.
Канори анњор,
Сари чашмасор,
Обаки зулол
Њур-њури шамол!
Чањ-чањи мурѓон,
Суруди чўпон,
Хонаи холам,
Хонаи холам.

Аз њавои бањр,
Саёњати шањр,
Љоњои машњур,
Бароям зарур –
Хонаи холам,
Хонаи холам.

Фирўз. Эњње, бало будааст. То курсї расид… Э, хайр, то он љо ман њам рафта метавонам. Агар ба назди танўр равад, баъд ќоил мешавам…
Мусиќии тарс. Анўша нохост фиѓон кашида, болои курсї мебарояд.
Анўша. В-и-и-и-й!
Фирўз (тарсида пушти сутун пинњон мешавад). Ба ту чї шуд?
Анўша. Му-у-уш! Ду му-у-уш!
Фирўз.  Думаш? Думи дева дидї!?
Анўша. Ду калламуш!
Фирўз. Эњња, њофиз овардем-ку.
Анўша. Ака, биё, муша зан…
Фирўз. Ња, дидї, даркор шавам «эке» нагуфтї. Наѓз… Акаљон гўй.
Анўша. Акаљон, биё…
Фирўз. Боз мењрубононатар…
Анўша (дод мезанад). Ака, мушат маро мехўрад!!!
Фирўз. Њозир-е… (Тарсро фаромўш карда пеш меояд). Наход, ки одам аз муш тарсад? Тарсончак ту будаиву…
Анўша. Ман тарсончак не, вале аз муш метарсам. Афташ хунук!
Фирўз (наздаш меояд). Ку муш?
Анўша. Дар љануби шарќии дарахти себ.
Фирўз. Афандї, калламуш аз ту тарсида, чапасар гурехта рафтааст.
Анўша. Калон буд…
Фирўз. Муш-да. Наход одам аз муш тарсад? Дев гапи дигар.
Садои дањшатнок аз љониби дарахт.
Анўша. Вий, ин овози чї?
Фирўз. Вввоњ, овози дев!
Анўша. Овози дањшатнок, вале овози дев нест…
Фирўз. Дев набуда бало буд? Гурехтем.
Фирўз љониби долон мегурезад. Анўша меафтад.
Анўша. Вой, поям…
Фирўз. Ба ту чї шуд? Биё, зудтар!
Анўша. Ба фикрам, поям шикаст. Акаљон, биё, ба ман ёрї дењ…
Фирўз. Эњња… Аз дев-а!? Охир, ман «Тарсандаам».
Анўша. Дев-пев нест, акаљон.
Фирўз. Дар љойи шумо нест, дар љойи мо њаст! Њозир мебинї…
Аз љониби дарахт садои монанд ба њуштаккашї баланд мешавад.
Анўша. Ин овози чї?
Фирўз. Овози кї мешуд? – Овози дев. Ана, аз пушти дарахт меояд.
Анўша. Вай ба њуштаккашї монанд.
Фирўз. Дев аввал њуштак мекашад…
Анўша. Вай аз муш бадвоњиматар аст?
Фирўз. Њазор бор ...
Анўша. Вий, натарсон. (Болои курсї мебарояд). Маро халос бикун.
Фирўз. Ба долон биё. Ин љо бе хавф.
Анўша. Рафта наметавонам.
Фирўз. Уф… гуфтам-ку, нарав, дев њаст… бовар накардї.
Анўша. Ооооњ…
Фирўз. Бечора, Анўша, њайф шудї… Акнун ба холаам чї мегўям?
Анўша. Шамшери сењрнокро биёр, бо он девро нест мекунем.
Фирўз. Эњ, шамшери сењрнок њаст-ку!? Ман худам туро халос мекунам. Фаќат маро дигар тарсанда нагўй, майлаш?
Анўша. Не, не. Туро фаќат Фирўзљони пањлавон мегўям.
Фирўз. Лекин… охир… дев...
Анўша. Тарсро аз дилат барор ва дев нобуд мешавад!
Фирўз. Хуб. Натарс, ман омадам. (Бо шамшер меояд).
Анўша. Офарин, Фирўзљони пањлавон.
Нохост садои шамолу њуштак баландтар шуда ба як навъ ханда мубаддал мешавад. Дар хаёли Фирўз Дев пайдо шуда механдад.
Дев. Ана, ту дар куљої, Фирўз? Боз ба себи ман даст мезанї? Акнун ман туро мехўрам!
Фирўз. Вой, ана дев…
Анўша. Агар девро бинї, бо шамшери сењрнок зан…
Дев. Ња, Фирўзбой, ман дар ин тараф. Инља биё…
Фирўз. Ман ба љанги ту мебароям. Ман туро нобуд мекунам!
Дев. Эњња, дар дањани кўњна гапи нав-ку?
Фирўз. Ман шамшери сењрнок дорам. (Шамшер мекашад).
Дев. Эњња! Ман њозир туро бо шамшеру духтари холаат якљоя фурў мебарам. (Дам кашиданї мешавад). Фишшш…
Фирўз. Ман туро бо ин шамшерам нобуд мекунам!
Анўша. Офарин, акаљон! Суст намон.
Фирўз. Гум шав аз назди мо!
Дев. Оњњо-њо…. Ту тоби як пуфи ман надорї! Пуффф…
Пуф мекунад, Фирўз пешпо мехўрад ва шамшер аз дасташ меафтад.
Анўша. Вий, ту шамшерро афтондї. Нури вай хомўш шуд.
Фирўз. Воњ, акнун дев моро мехўрад.
Анўша. Не. Ту сухани сењрнокро бигў. Такрор бикун: «Эй дев, ман Анўша, духтари љасурам! Ман аз ту наметарсам, зеро ки ту нестї! Нестї! Нестї! Деви тарсу воњимаро ман бо илму донишам маѓлуб мекунам!
Фирўз. «Эй дев, ман Фирўз, писари љасурам! Ман аз ту наметарсам, зеро ки ту нестї! Нестї! Нестї! Деви тарсу воњимаро ман бо илму дониш маѓлуб мекунам!
Анўша. Ман аз ту дигар наметарсам.
Фирўз. Ман аз ту дигар наметарсам.
Анўша. Ман бо карате туро маѓлуб мекунам.
Фирўз. Ман бо карате туро маѓлуб мекунам.
Анўша (бо усулњои сабуки варзишї зарба мезанад). Ана ба ту!
Фирўз (њам дасту по мезанад). Ана! 
Анўша. Тарсро аз дилат барор ва девро нобуд бикун!
Фирўз. Хуб.
Дев. Фирўз-бой, куљої? Биё, ки туро хўрам. Дилам анча гушна.
Фирўз. Ман аз ту наметарсам, деви малъун!
Дев. Ман њозир туро бо усули гўштї меафтонаму маза карда мехўрам. (Гўштї гирифтан мехоњад).
Фирўз. Биё, ман аз ту наметарсам!
Дев. Ња, чаро чашмонат ало шуд? 
Фирўз. Дар андешаи онам, ки ба ту аз  чап зарба занам, ё рост?
Дев. Ња-а? Ин чї ањамият дорад? 
Фирўз. Дар тарафи рост дарёи тезоб, дар тарафи чап танри пур аз лахча. Дар кадомаш зудтар нобуд мешавї?!
Дев. Ња-ња-ња… Ман бо дами нафасам оби дарёро хушк мекунам.
Фирўз. Набошад, аз тарафи рост мезанам, ки дар танўр даргирї!
Дев. Эњња… Ман бо дами нафасам оташи танўрро хомўш мекунам!
Фирўз. Набошад, ба дањонат мезанам, ки даму нафасат гум шавад! 
Дев. Ња-ња-ња! Зўрат намерасад.
Фирўз. Ба ту зўрам мерасад. Зеро ки ту њељї! Ту нестї!
Дев. Э, бача, э бача, дањонам дард кард…
Фирўз. Ту дар асл на дањон дорї, на сар, танњо дар тасаввури манї!
Дев. Эњња. Њозир нишон медињам: Э, бача, ку, худат ба дањонам даро! (Дам мекашад). Фшшшш…
Фирўз. Ту нестї! Танњо дар тасаввури ман њастї!
Дев (бо хавотирї). Чї-чї-чї? Ин гапро ба ту кї ёд дод?
Фирўз. Ту дар асл нестї! Нестї! Нестї!
Дев. Ана њастам-ку! Вуа-ња-ња-ња…
Фирўз. Ту аз гуноњњои мо дар тавсаввури мо њастї! Аз танбалию дарсгурезии ман њастї!  Ту дар асл нестї! Нестї! Нестї!
Дев. Њой, ин бача дар њаќиќат маро мекушад! Бо ханда мекушад!
Фирўз. Ту дар асл нестї! Нестї! Нестї!
Дев (бо гиря). Ман дигар наметваонам! Дасту поям суст мешавад…
Фирўз. Дурўѓ! Ту дасту пой њам надорї! Зеро ки нестї! Нестї!
Дев. О-оњ, бо ин гап маро куштї! Бас! Биё, оштї шавем!
Фирўз. Раву дигар ба ин љо наё!
Дев. Хуб, ака…
Анўша. Дигар ба хоби бачањо даромада, онњоро натарсон!
Дев. Майлаш, ака…
Анўша. Ќасам хўр.
Дев. Савганд мехўрам, ки дигар ба њељ кас зарар намерасонам.
Фирўз. Дидед, ман дигар наметарсам.
Анўша. Эњтиёт шав, ака!
Дев. (аз ќафо ба Фирўз наздик мешавад). Пуффф…
Фирўз. Оњ деви фиребгар!
Анўша (шамшери афтодаро ба Фирўз медињад). Шамшера гир!
Фирўз. Ту акнун тамоман несту нобуд мешавї!
Дев. Не, не, не!
Фирўз Бо шамшер ба дили дев мезанад.. Урра!
Раъду барќ. Дев гўё таркида дар торикї нобуд мешавад.
Анўша. Офарин, акаљон!
Фирўз. Дидї, ман дигар тарсанда нестам!
Анўша. Бале, ту девро дар тасаввури худат нобуд кардї.
Фирўз. Боз чї хел «тасаввур»? Девро ман бо шамшери сењрноки ту куштам!
Анўша. Ин як бозичаи оддии, ягон сењру љоду надорад, њатто бодиринро њам намебурад, бо батарея равшан мешавад…
Фирўз. Пас, чї хел ман девро куштам?
Анўша. Ту худат далеру љасур шудї. Ту тарсро дар дили худ куштї
Фирўз. Вай ба шохи дарахт даромада рафт-ку. Боз меояд.
Анўша. Биё, дарахтро, дар нури фонус мебинем.
Њарду фонусњоро равшан карда мебинанд
Фирўз. Ња, нест.
Анўша. Ба сўрохии танаи ковокшудаи дарахт нигар – вай њамагї ду сантиметр, дар рости вай як шохи каљи хушкида њаст, ваќти шамол њарду садо мебарорад… Овозњои дигар танњо дар назари ту менамояд.
Фирўз. Наход, ки… ман нотарс шудам? Дигар аз дев наметарсам.

Модар меояд.
Модар. Ана, ман њам омадам. Офарин бачањои боадаби ман. Зиќ нашудед? Аз њељ чиз натарсидї, Фирўзљон?
Фирўз. Ман дигар аз њељ чиз наметарсам.
Модар. Наход?
Анўша. Холаљон, Фирўзро дигар Тарсанда нагўед. Фирўзи пањлавон гуед. Акаљонам Фирўз барои аз дев њимоя кардани ман омад ва девро маѓлуб карданд!
Модар. Њилаи мо: шамшери љоду, сухани сењрнок барор овард, гўй?

Фирўз (бо шеър узр мепурсад).
Очаљон, љон, очаљон,
Очаљони мењрубон,
Агар гапдаро шавам,
Ќобилу доно шавам,
Бе инљиќї њар сањар
Ба мактаб равам агар,
Маро наѓз мебинед-а?
Модар. Албатта, аммооо…
Фирўз. Очаљон, љон, очаљон,
Очаљони мењрубон,
Ба кори хона агар
Ёрї дињам бештар,
Агар дурўѓ нагўям,
Бањонањо наљўям,
Маро наѓз мебинед-а?
Модар. Вале…
Фирўз. Очаљон, љон, очаљон,
Очаљони мењрубон,
Бањудаву бењуда
Нарезам оби дида,
Аз деву дад натарсам
Маро наѓз мебинед-а?
Модар. Албатта, писарљон.

Модар мебахшад ва табрик мекунад.
Суруди бачањои хушбахт.

Њама.
Мо ѓунчањои боѓи ту њастем ,
Ту гулфишонї, мо гулпарастем.
Ту осмонї, мо – ахтаронат ,
Ахтар фузун бод дар осмонат!
Пайваста бодо роњи ту рўшан ,
Бодо канорат гулзору гулшан !
Фарзона бодо фарзандњоят ,
Њамљону њамдил дилбандњоят!
Љовид бодо, эй мулки љовид,
Њар рўзи ту љашн, њар рўзи ту ид!

Парда.


Рецензии