ОРЗУ драма барои бачахо бо хаммуаллифии Чамолиддин
ОРЗУ
(мазмун аз њикоёти ѓарбї)
Иштироккунандагон:
Писарча - хизматгори “Устохонаи бозичањо”.
Духтарча - хизматгори “ Аз њама дўкони ширинтарин”.
Хўљаини “Устохонаи бозичањо”.
Дўкондори «Аз њама дўкони ширинтарин”.
Генерал.
Абр.
Робот.
Воќеа дар як кишвари хаёлї мегузарад ва фарќ надорад, ки чї ном дорад - Чилики ё Чангланд, ё Чамерсида. Сарватмандони он дар фикри зиёд кардани сарват кўдаконро берањмона кор фармуда, онњоро аз чизи асосї - орзуњои бачагї мањрум мекунанд.
_____________________
Ќисми аввал.
НАМОИШИ 1.
Як кўчаи шањр. Ду хона. Дар пештоќи яке мањсулоти ќаннодї, лавња ва овезањои ташвиќии ќолабї - «Аз њама дўкони ширинтарин”, “Фаќат дар ин љо!”, “Ширинии бењтарин!”, “Њаёти ширин!”, “Шитоб кунед, бихаред!”.
Дар девори хонаи дуюм аз бозичањои бачагона то автомати њаќиќї, лавњаю овезањои “Устохонаи бозичањо”, “Харед! Харед! Харед"! “Фикрро мехарам”, “Фикрро мефурўшам”, “Њама чиз барои њама!”.
Субњ. Абри зебо болои боми яке аз хонањо хобидааст. Аз “Устохона” Писарча бо обпошак баромада ба гулњо об медињад.
Писарча (месарояд).
Назар андоз бар гулњо,
Ту, эй офтобаки хандон,
Бубахш кам-камак гармї,
Ту бар гулњои атрафшон.
Абр бедор шуда, хамёза мекашад.
Абр. Сабоњ бо суруд бедор шудан чї хуб аст...
Дари “Аз њама дўкони ширинтарин” боз шуда, Дўкондор духтарчаро ба кўча тела медињад.
Дўкондор. Бекорхўља! Як сатил њавлоро резондї! Э, ман туро….
Абр. Ана инаш маъќул не. Дилам месўзад… Чї хел ба ин бачањои бечора ёрї дињам? Як фикр кунам…
Писарча ба назди духтарча шитофта, ўро аз замин мебардорад).
Писарча. Боз туро боз зад?! Дард ёфтї?
Духтарча. Дард мекунад….
Писарча. Гиря накун! Калон шавам, намемонам, ки туро ранљонад!
Духтарча. Оњ … (оби дидаашро пок мекунад). Ту кай калон мешавї?
Писарча. Ба зудї! Он ваќт бо хоњиши дилат кор мекунї!
Духтарча (бовар карда). Ва бо њар хел бозичањо бозї кардан?
Писарча. Мекунем!
Духтарча. Ва дар арѓунчак бод меравем?
Писарча. Дар арѓунчак!
Духтарча. Баъд ба гулзор меравем…
Писарча. Дар он љо гули бисёр мешавад!
Духтарча (ба њаќиќат баргашта, паст - паст мегиряд). Оњ…
Писарча. Њой, духтарак, чаро боз гиря мекунї?
Духтарча. Њељ ваќт ќанду бозича намешавад! Арѓунчаку гулзор намешавад! Хўљаин мехоњад, ки аз сањар то шом барои онњо кор кунам!
Писарча. Мешавад! (Гул канда, ба мўи духтар мечаспонад).
Духтарча (тарсида). Вой, ту чї кор кардї? Агар хўљаин фањмад…
Писарча. Хушрўйтарин духтари дунё шудї!
Дўкондор мебарояд. Ба тарафи духтарча мешитобад.
Дўкондор. Ана, ту дар куљо! Ба љои ширапазї, бо ин пойлуч лаќќида мешинї!?
Писарча. Нарасед ба ў!
Дўкондор. Дафъ шав, аз ин љо! (Писарчаро тела медињад; духтарро ба даруни хона мекашад). Ту бошї, имрўз бепул кор мекунї! (Меравад).
Писарак хеста, худро меафшонад. Хўљаин меояд.
Хўљаин. Устохона ифлос, дўкон ифлос, ин бошад….
Писарча. Мебахшед, ман ба гулњо об …
Хўљаин. Дар устохона кор кун! Бекорхўља!
Писарча. Хуб. (Ба устохона медарояд).
Хўљаин (харидоронро даъват мекунад). Шитоб кунед! Муштариён! “Устохонаи бозичањо” шуморо интизор! Бозичањо барои хурду калон! Њама чиз барои њама! Дар ин љо њар кас бозичаи табъи дилашро меёбад: кўдак зангўла меёбад, марди калон - автомат…
Дўкондор (овози соњиби устохонаро пахш мекунад). Шитобед! Бихаред! “Аз њама дўкони ширинтарин” кушода шуд.
Хўљаин. Бозича месозам! Бозича барои њама!
Дўкондор. Хурсандї мефурўшам! Донакию килоякї!
Хўљаин. Дамата гир! Ман якум сар кардам!
Дўкондор. Марњамат бар шарбату нўшокии ширин! Марњамат ба шоколад, мармелад, кулчаќанди бењтарин.
Хўљаин. Њоло њамин тавр? (Рафта магнитофон меорад).
Дўкондор. Ба дўкони ман оед њамроњи ёру љўрањо! Марњамат ба…
Хўљаин магнитофонро ба кор меандозад.
Овози Хўљаин аз магнитофон. Бозичањо барои хурду калон!
Дўкондор. Харед! Харед! Ширинињо! Харед! Харед! Хурсандињо!
Овози Хўљаин. Ба “Устохонаи бозичањо” оед!
Дўкондор. Бозичаатро дафъ кун! (Хўљаин китф дар њам мекашад). Дафъ кун! (Хўљаин рўяшро мегардонад). Њоло њамин тавр?
Дастбагиребон мешаванд.
Овози Хўљаин (аз магинтофон).Ба дўкони бозичањои ман шитобеду шитобеду шитобед! Биёеду биёеду биёед! Хареду хареду харед!
Генерал меояд.
Генерал. Чї гап! Љанг? Шўриш? Барои чї бетартибї? Кї айбдор?!
Дўкондор. Ана ин бозича!
Генерал. Њабс карда шавад! (Магнитофонро мегирад).
Хўљаин. Љаноби генерал, ин магнитофони шалаќ ба шумо чї даркор? Ман барои шумо бозичаи хубтар месозам…
Генерал. Бозичаи аз њама хуб – тиру тўп.
Дўкондор. Комилан дуруст! Наѓзаш, ќанду ќандалот бихаред.
Генерал. Ќандалоти аз њама хуб - ин тиру тўп.
Дўкондор. Бояд гўям, ки ин беадолатист.
Генерал. Дам шав! Ман наѓзтар медонам адолат чї…
Дўкондор. Лекин…
Генерал. Напра…. Нале…. Кругом!.... Шагом марш!
Дўкондор фармонњоро иљро мекунад ва тез дар дўкони худ аз назар дур мешавад. Генерал ва Хўљаин аз паси ў ќоњ. ќоњ механданд.
Хўљаин (худро мафтун вонамуд карда). Чї хел зўр фармон медињед: «Напра... Нале…. Шагом марш!
Генерал. Чї, маъќул шуд? Набошад… Смирно! Напра…. Нале…. Шагом марш! (Хўљаин фармонњоро иљро мекунад). Ња, маъќул шуд?
Хўљаин. Э. э... Ммм... ман гуфтаниам, ки...
Генерал. Ана њамин тавр! Куљо шуд калонтарин тири тирњо?
Хўљаин. Ба наздикї мешавад.
Генерал. Ин ваъда як сол боз пеш буд.
Хўљаин. Бовар кунед, тири калонтаринро сохтан осон не.
Генерал. Инро њам шунидам….
Хўљаин. Лекин калонтарин тўпи тўпњоро фикр карда баромадам. Вай бехато ба њадафи дилхоњ дар масофаи дилхоњ мерасад,
Генерал. Бе хато?! Вай канї?
Хўљаин. Дар ин љо. (Бо даст ба сараш ишора мекунад).
Генерал (сари ўро аз назар гузаронда). Нафањмидам….
Хўљаин. Вай дар фикрам. Дањ њазор тилло дињед, мешавад:
Генерал. Панљ њазору тамом.
Хўљаин. Дањ њазор ва як тин њам кам не.
Генерал. Ин хел бошад, ягон тин не. Ман тўпи туро намехарам.
Хўљаин. Ин хел бошад, ман тўпро ба генерали дигар мефурўшам.
Генерал. Њабс карда шавад!!!
Хўљаин. Ман шўхї кардам! Розї. Панљ!
Генерал. Ман шўхї накардам. Баъд аз ду соат тайёр шавад! Кру- уу- уу-гом! Шагом марш!
Хўљаин. Итоат! (ба хонааш меравад).
Генерал. Акнун пул пайдо кардан лозим. (Ба “Аз њама дўкони ширинтарин” наздик шуда, месулфад. Хомўшї). Њой, кист ин љо?!
Дўкондор мебарояд.
Дўкондор (хафаомез). Хўш, хизмат…
Генерал.Чаро бе илтифот? Барои чї хурсандиатро намебинам?
Дўкондор. Э, ман….
Генерал (гапашро бурида). Саломатиат читу, азизам? Дастат дард намекунад? Пойњоят дард намекунад? Каллат дар љояш?
Дўкондор. Ња-ю….
Генерал. Э, ман шўхї кардам. (Механдад). Напра- Нале. Барои ханда, ња? (Ногоњ љиддї). Барои чї намехандї?
Дўкондор (зўракї механдад). Ње-ње-ње…
Генерал (Дўкондорро ќитиќ мекунад). Атъ ња - ња! Атъ! Ња - ња!
Дўкондор (зўран механдад). Њи- њи... Шумо доим Шўхї мекунед.
Генерал (љиддї). Њоло ман чунон шўхї мекунам, ки… Куљо?
Дўкондор (рафтанї мешавад). Ман кор дорам…
Генерал. Смирно! Кругом! Ба ман панљ њазор даркор!
Дўкондор. Љаноби генерал, ман чунин пулро дар шаби хобам надидам. Харољот зиёд. Ба як духтарча дар як рўз ду танга медињам.
Генерал. Ва ду њазор тилло ба киса мезанї! Медонам.
Дўкондор. Инро душманњои ман аз њасад мегўянд.
Генерал. Хайр, м ан рафтам, аз душманњо худатро худат њимоя кун!
Дўкондор. Худам… Маро нодуруст фањмидед,љаноб генерал!
Генерал. Чї хел?
Дўкондор. Ман гуфтанї, ки баъд аз се соат ман пайдо мекунам.
Генерал. Баъд аз ду соат!
Дўкондор. Хуб шудааст, љаноби генерал.
Генерал. То ду соат! (Меравад).
Дўкондор (аз пасаш масхараомез; бо ќањр). Панљ њазор даркор шудааст! Њоло ист... Бойтарини бойтаринњо шавам садто њамин хел генерал мехарам! Лекин онњо гапдаротар мешаванд! (Ба хона медарояд).
НАМОИШИ 2.
Аз устохона писарча мебарояд, оњиста духтарчаро љеѓ мезанад.
Писарак. Духтарак…. Њой духтарак! (Аз дари дўкон духтарак намоён мешавад). Бин! (Ба духтарча лўхтаки хурдеро дароз мекунад).
Духтарак. Лўхтак? Њаќиќї! (Лўхтакро оѓўш мекунад).
Писарча. Инро ман худам сохтам. Барои ту.
Духтарча. Рањмат. (Бо лўхтак чарх мезанад). Номаш чї?
Писарча. Намедонам….
Духтарча. Бе ном зистан мумкин аст?! Вий, ў мегиряд!
Писарча. Кї мегиряд?
Духтарча. Лўхтак. Чї, ту намешунавї?
Писарча. Не… Э, ња мешунавам!
Духтарак (Ба лўхтак алла мегўяд). А –а – а. Гиря накун, хурдакак, гиря накун, бењтараш, ќанд хўр. (Хаёлан ќанд мехўронад). Бамазза- ња? Дар арѓунчак њой рафтан мехоњї? (Лўхтакро дар арѓунчаки хаёлї бод медињад). Боло…. Поён…. (Ба Писарча). Чаро ту истодаї?
Писарча (ба бозї њамроњ мешавад). Боло….
Духтарча. Поён….
Писарчо. Боло!
Духтарча. Вий, сахт алванљ додан мумкин не. Ана, сараш чарх зад. Ваќти хоб шуд. Чашмонатро пўш А- а- а. Бораккало.
Абр (месарояд).
Кўдакон њамвора мебинанд хоб.
Хобњои ранг - рангу хубу зебо.
Мекунанд парвоз бо паррандагон,
Њар яке шоданд андар хобњо.
Мекунанд парвоз бар хуршедњо,
Рўи бањру рўдњову абрњо.
Хоњишат якбора иљро мешавад,
Чун кушої чашмњоятро агар.
Гар ба мўъљиза ту дорї боварї,
Гардад иљро хоњиши ту сарбарсар.
Овози Дўкондор. Вай бекорхўља канї? Барои чї шираи ќанд ин ќадар кам? Ба ман уќёнуси шираи ширини ќанд даркор!!!
Духтарча. Хўљаини ман!
Писарча. Гурез!
Духтарча лўхтакро пинњон карда, давида ба “Дўкон” медарояд.
Абр. Бечора бачањо на субњ ором доранд, на рўзу на шом. Оњ, як фикри наѓз ба ёдам омад. Њоло ин корфармоњои даѓалро боб мекунем!
Хўљаини “Устохонаи бозичањо” мебарояд.
Хўљаин. Ту боз бекор? Тез раву чизњои тайёркардаи маро биёр!
Писарча. Хуб.
Давида меравад, ду чархро ѓелонда меорад.
Хўљаин. Тезтар, тезтар!
Писарча (як даста љузъиёти оњаниро бардошта меорад). Анна…
Хўљаин. Чї, пашшаи хоболуд барин мељунбї?!
Писарча. Камтарак нафасама рост кунам...
Хўљаин. Э, нафасат гирад, ландањур! Ту њоло њам ин љої?!
Писарча. Уф… (Меравад).
Хўљаин (љузъиёти тўпро васл мекунад). Ваќте робот месозам, онњо шуморо маљбур мекунанд, ки барои ман кор кунед! Њой, хобат бурд?!
Писарча. Њозир – њозир.
Милаи тўпро ѓелон- ѓелон меорад. Бемадор шуда меафтад.
Хўљаин. Тезтар! Тезтар! Кор карда натавонї, дафъ шав! Ба љои ту хоњишмандон бисёр.
Писарча (хеста боз миларо меѓелонад). Хуб, хуб.
Хўљаин (миларо дар љояш гузошта, устувор мекунад). Ана, тайёр шуд. (Ннавозиш мекунад). Бозича барои генерал тайёр!
Писарча. Вай ба тўп монанд-ку…
Хўљаин. Генералњо дигар хел бозича надоранд. Рав, он љоро бирўв!
НАМОИШИ 3.
Нисфирўзї. Садои соат. Писарча кўчаро мерўбад. Генерал меояд.
Хўљаин. Љаноби генерали маѓлубнашаванда! Нигаред. Чї хел зўр!
Генерал (бо њаяљон). Ња! (Оромона). Бад не…
Хўљаин. Чї хел бад не?! Ин кашфиёти навтарини техника!
Дўкондор бо сандуќча давида мебарояд.
Дўкондор. Љаноби генерал, шумо аллакай ин чо….
Генерал. Канї?
Дўкондор (парешонхотир). Чї канї?
Генерал. Ман мепурсам, ки пул канї?
Дўкондор. Мана. (Сандуќчаро медињад). Панљ њазор, њисоб кунед.
Генерал (ба Хўљаин ишора карда). Ба ин дењ. Худаш њисоб кунад.
Дўкондор. Барои чї ба вай?
Хўљаин. Корат набошад. (Мехоњад, ки сандуќчаро гирад).
Дўкондор (муќобилият карда). Толон!!! Ѓорат!!!
Генерал. Смирно!!!
Дўкондор (сандуќчаро медињад). Роњзан! Дузд!
Хўљаин. Хасис!
Генерал. Бас кунед! Аз доду вои шумо њозир сарам монанди тири тўп метаркад. Вай барои ман тўп сохт. Ин тўп бехато мезанад.
Дўкондор (ба як тараф). Њоло тири вай рост ба кисаи ман мезанад.
Генерал (сандуќчаро ба Хўљаин дароз мекунад). Гир.
Дўкондор. Бовар доред, ки вай њаќиќатан бехато мезанад?
Хўљаин. Тўпи ман мўъљизаи техникї! (Мехоњад ба сандуќча соњиб шавад). Вай метавонад ба њадафи дилхоњ расонад….
Дўкондор (масхара карда). Бовариам намеояд….
Хўљаин. Љаноби генерал! Њадафи дилхоњ, дар масофаи дилхоњ!....
Дўкондор. Хайр агар дилхоњ бошад… Ба офтоб расон!
Хўљаин (бо ќањр). Мерасонам!
Генерал. Ана ин гап! Боракалло. Ба офтоб!
Хўљаин (тирро ба тўп меандозад). Њозир…
Абр (хавотиромез). Эњња, инњо чї кор мекунанд? Ба сари худашон бало меоранд. Наход ягон солимаќл габошад, ки аз ин роњ гардонад?
Писарча. Худоё… (Љорўбро партофта дар хона нопадид мешавад).
Хўљаин. Мили тўпро боло мекунем. Акнун тугмачаро пахш…
Аз хона писарча давида мебарояд ва ба сўи тўп мешитобад.
Писарча. Истед! Њар сеи шуморо ба телефон мехоњанд. Мегўянд, ки ин кор ањамияти давлатї дорад!
Генерал. Аз паси ман!
Њар се ба хонаи Хўљаин медароянд.
Писарча. Онњо офтобро нобуд кардан мехоњанд! Чї кор кунам? Ба духтарча ваъда додам, ки рўзе … ба марѓзор меравем… дар гулзор бозї мекунем, суруди паррандањоро гўш мекунем… Гул мечинем… (Дам ба тир, дам ба гулњо нигоњ карда). Гулњо…(Хурсандона). Гулњо!!!
Тирро аз тўп бароварда пинњон карда, гул мечинад.
Аз хона овозњо.
Овози Хўљаин. Тамасхур карданд?!
Овози Дўкондор. Ба мо?!
Овози генерал. Њабс карда шавад!
Писарча гулњоро даруни мили тўп мегузорад.
Њарсе аз хона мебароянд. Дарѓазабанд.
Хўљаин. Хўш, кї занг зада буд?! А?! Љавоб дењ!
Генерал. Ба мањкама ўро!
Дўкондор. Не! Дар мањкама ўро хўрондан лозим. Ба кўча дафъ кунед ўро! Бигузор аз гуруснагї бимирад!
Хўљаин (писарчаро тела медињад). Гум шав!
Писарча меравад.
Дўкондор. Аз корамон мондем.
Генерал. (Ба соњиби устохона). Омода бош.
Хўљаин. Итоат. (Ба назди тўп меравад).
Генерал. ОТАШ!!!
Аз тўп гулњо берун мешаванд. Њама, дар њайрат.
Дўкондор. Ман гуфта будам- ку, ки ин тўп тамоман намепарронад! Тўп, ки нест, пул њам нест! (Сандуќчаро гирифта ба дўкон мебарад).
Хўљаин. Ин… Ин… Њељ чизро нафањмидам….
Генерал. Генерали маѓлубнашавандаро фиреб додї?! Ба мањбас!
Дўкондор. Њабс кунед. Вай як фиребгар.
Хўљаин. Ман?! Фиребгар?! (Тири тўпро дида мегирад). Мана! Касе тири тўпро гирифта ба љояш гул андохтааст!
Генерал. Хиёнат! Дарёбед! Њабс кунед!
Дўкондор. Ором шавед. Љаноби генерал. Ба шумо ин хел асабонї шудан мумкин не…. Њой, духтарак! Ба љаноби генерал об биёр!
Генерал. Дарёбед! Њабс кунед!
Хўљаин ба тўп тир меандозад. Духтарча бо як пиёла об меояд.
Духтарча (ба генерал). Марњмат….
Хўљаин (гули дар мўи духтарча часпондаро дида). Мана, гул! Ин гулњоро канда, тири тўпро пинњон кардааст!
Генерал. Њабс кунед! Ба мањкама!
Дўкондор. Њабс кардан чї њољат?! Љазо д бошад, љазо медињем. – Бигузор барои ман бе музд кор кунад.
Хўљаин. Не, ба мањкама! (Духтарчаро дастгир мекунад).
Духтарча. Сар дињед! (Дасти соњиби устохонаро мегазад).
Хўљаин. Вой! Мегазад!
Духтарчаро сар медињад. Ў мегурезад.
Њарсе (аз паси вай мераванд). Доред ўро!
ЌИСМИ ДУВВУМ
Канори шањр. Дарахтњо. Сангњо.
Овози Дўкондор. Канї вай?
Овози Хўљаин. Вай дар ин љо нест.
Овози генерал. Мебинам. Њо дар он љо!
Њар се назди санг давида меоянд.
Генерал. Дур намеравад. Пинњон шудааст….
Дўкондор. Њо, ана, дар он љо!
Хўљаин. Тезтар ба онљо!
Генерал. Ин љо кї фармон медињад, шумо ё ман?! (Ба дўкондор). Напра… (Ба Хўљаин). Нале...! Атрофро бинед! Њамин љо вомехўрем.
Дўкондор ва Хўљаин. Итоат. (Ба ду тараф мераванд).
Генерал (ба худ). Кру- у- гом! Шагом марш! (Меравад).
Писарча бо сари хам меояд. Аз пасаш абр њаракат мекунад. Истад, абр њам меистад. Писарча болои санг мешинад. Абр њам мешинад.
Абр. Барои некдилиат ман ба ту кўмак мерасонам, писарак…
Писарча. Љои рафтан нест. Кор надорам. Пул надорам. (Њиќќос зада). Ба њељ кас даркор нестам. (Садои борон). Ана, борон њам сар шуд.
Абр. Ин борон не, ин ман мегирям.
Писарча (ба атроф назар карда). Њељ касро намебинам. Ту кистї?
Абр. Ман абр.
Писарча. Вой, хоб мебинам? Абр њам гап зада метавонанд?
Абр. Ман абри оддї не, абри сењрнокам.
Писарча. Набошад, чаро гиря мекунї? Туро њам ягон кас ранљонд?
Абр. Не. Барои он мегирям, ки туро хафа карданд.
Писарча. Ња… Медонї, дукаса гиристан осон будааст.
Абр. Дукаса доим осон. Ман мехоњам ба ту ёрї дињам. Як хоњиши туро иљро карда метавонам.
Писарча. Ња, ту чї кор карда метавонї?
Абр. Њама – њама корро.
Хўљаину Дўкондору Генерал омада, онњоро дида, пинњон мегарданд.
Писарча. Абри сењрнок… Аљоиб….
Абр. Ягон орзу дорї? Ба ту чї лозим? Бигў, ман иљро мекунам.
Писарча. Мехоњам, ки боз кор дошта бошам!
Абр. Ту мехоњї, ки барои соњиби “Устохонаи бозичањо” кор кунї?
Хўљаин. Вой! (Пинњон мешавад).
Абр. Ё барои хўљаини “Аз њама дўкони ширинтарин”?
Хўљаинии дўкон. Вой! (Ба дарахт љафстар мечаспад).
Писарча. Не. Не. Фаќат ба онњо не…
Абр. Пас, чї мехоњї?
Писарча. Ёфтам! Ман аз сањар боз чизе нахўрдам.
Абр. Агар њамин орзуи ту бошад, иљро мекунам. Вале дон: ман барои њар кас танњо як орзу иљро карда метавонам.
Писарак. Бозичањои њархела… Не, кулчаќанди бисёр мехоњаму…
Абр. Телба нашав. Андеша кун. Хобам омад. Ин ресмони борониро гир. (Ресмонро ба поён сар медињад). Ваќте орзуи асосиатро ёфтї, маро бедор месозї ва ман онро иљро мекунам. (Хамёза мекашад).
Писарак. Хуб.
Абр хоб мекунад. Ба сўи писарак “хўљаин” - њо мешитобанд.
Хўљаин. Хайрият туро ёфтам. Њамаи бозичањоро ба ту мебахшам, ќанду ќандалот мехарам!.... Биё, хона меравем.
Дўкондор. Бовар накун, ба вай ту не, абри ту даркор. Абрро ба ман дењу мукофот гир!
Њарду писарчаро њалќагир карда, гирдаш давр мезананд.
Генерал. Ба ман роњ дињед! Роњ дињед! Смирно!
Хўљаин. Э, дафъ шав! Ин ќадар начасп!
Генерал. Нафањмидам?!
Дўкондор. Абрро ба ман дењ ва зиндагиат ширин мешавад!
Хўљаин. Ман бароят њамин ќадар некї кардам! Ба ман!...
Дўкондор. Бовар накун! Фиреб медињад!
Хўљаин (Дўкондорро тела карда). Дафъ шав!
Дўкондор (Соњиби устохонаро тела дода). Худат дафъ шав!
Дастбагиребон мешаванд. Писарча метарсад.
Генерал. Натарс, писарак. (Аз китфи хўљаинњо дошта, меафшонад). Бетартибї! Ба кўдак намемонед, ки ягон орзуяшро гўяд!!! (Ба писарча). Натарс! Фикр кун, бача, дурусттар фикр кун.
Хўљаин. Ин имконияти азим аст!
Дўкондор. Абр дар дасташ бошад, бо мо њар кор карда метавонад!
Генрал (паст). Каллаварамњо! Мо бояд абрро ба даст дарорем! Вале шумо бо ин рафтор бачаро метарсонед!
Хўљаин. Инаш рост. Вале чї хел?
Генерал (киса кофта). Эњ, њама њиллањоро дар хона мондаам!
Писарча дуртар меравад. Аз пасаш чун пуфак, абри хуфта меравад.
Хўљаин. Меравад!
Генерал. Шумо њила фикр карда истед, ман вайро нигоњ медорам. (Тарафи Писарча меравад). Писарча! Ту аз ман метрасї?
Писарча (ресмони абрро дар пасаш пинњон мекунад). Не…
Генерал. Ба ман абри ту лозим не. Ман њамаро дорам. (Ба Хўљаин ишора карда). Вале онњо мехоњанд, абрро аз дастат кашида гиранд!
Писарча. Кашида гиранд?!
Генерал. Тс-с- с. (Бо имои ў пинњонї ба назди хўљаинњо меоянд).
Хўљаин. Ту ба бача шоколад медињї, ман ресмонро мегирам.
Дўкондор. Вай шоколади маро хўраду ресмонро ту гирї?
Хўљаин. Э, як шоколадро дареѓ доштї?
Дўкондор. Вале абр бояд ба њардуямон хидмат кунад...
Генерал. Шунидї?
Писарча. Ња… Чї кор кунам?
Генерал. Ёфтам: Ту абрро ба ман медињї, ман абрро дар ќалъа пинњон мекунам. Ваќте орзуятро аниќ кардї, меоиву мегирї.
Писарча. Баногоњ….
Генерал. Хайр, агар бовар накунї… (Вонамуд мекунад, ки меравад).
Писарча (аз пасаш мешитобад). Ман розї. Гиред!
Генерал. Хуб. Ту наѓзакак андеша бикун. (Абрро мебарад).
Соњиб ва Хўљаин меоянд. Хўљаин шоколад дароз мекунад.
Дўкондор. Писарак, шоколад мехоњї?
Хўљаин. Гир, шарм надор.
Дўкондор (ба дасти писарча меќапонад). Гир, хўр….
Хўљаин (нест шудани абрро пай бурда). Абр!
Дўкондор. А? Абр канї?!
Писарча. Нест! Генерал бурд…
Хўљаин. Сабил монад! Генерал канї?
Писарча. Аз дасти генерал гирифта наметавонед!
Хўљаин. Моро фиреб дод! Давидем! (Меравад).
Тозон мераванд.
Дўкондор. Абр нест - шоколад нест!(шоколадро гирифта меравад).
Писарча (роњравон). Бозича хоњам, бе ќанд мемонам. Ќанд хоњам, бе кафш. Хўрок хоњам, бе бозичаву кафш мемонам. Бењтараш, пули зиёд хоњиш мекунам ва чизе ки дилам хоњад, мехарам! Э, не, хўљаин тўњмат мекунад, ки ман пули ўро дуздидаам ва маро ба мањкама мекашанд. Эњ, танњо як орзу! Бозича! Кафш! Ќанд! Кулчањо!....
Овози пасти Духтарак. Метарсам. Ёрї дињед!
Писарча (гўш медињад). Касе мегиряд. Њой, кист он љо?
Аз паси хона духтарча гиря карда мебарояд.
Духтарча. Ман.
Писарча. Духтарча? Чаро ту дар коргоњ нестї? Ња-а… Туро њам пеш карданд?!
Духтарча (сар мељунбонад, сахттар мегиряд). Уњу-уњу…
Писарча. Духтарча! Гиря накун! Мешунавї, гиря накун!
Духтарча (саъй мекунад, ки нагиряд, лекин боз сахттар мегиряд). Орзуњои бисёр кардему, ана ба мо натиља… Уњу-уњу…
Писарча. Чї кор кунам, ки ту гиря накунї?! Ёфтам!!! Ман акнун медонам чї орзу кунам! Рафтем! (Шодона аз дасти ў гирифта меравад.).
Намоиши сеюм
Манзараи намоиши 1. Кўча. Генерал бо Абр пайдо мешавад.
Генерал. Барои ман гирифтани љањон лозим. Барои ин ба ман танк лозим, тайёра лозим! Тиру тўп лозим! Тири тиртарин! Тўпи тўптарин!.
Таъќибкунандагон меоянд, ба њам дарафтода, ба њам мепечанд.
Генерал. Хиёнат!
Дўкондор. Дор!
Генерал. Сар дењ!
Хўљаин. Те!
Дўкондор абро гирифта, мегурезад.
Дўкондор. Наздик нашавед. Набошад ман шуморо..!
Генерал ва соњиби устохона. О-оњ… (Дар љояшон шах мешаванд).
Дўкондор. Акнун дар ин љо ман калон. Напра!.... Нале!.... Смирно!
Генерал ва Хўљаин итоаткорона фармонњоро ба љо меоранд.
Дўкондор. Њи-њи-њи. Њї- њї-њї! Акнун њамаи дўконњо аз они ман мешаванд! Ман бои бойтарин мешавам. Ба ман фаќат шираи ќанд лозим! Бањр аз шираи ќанд… Як чалаки калон. Ана ин ќадар.(Бо даст дар њаво хат мекашад). Њой, абр, мешунавї?! (Ресмонро мекашад). Бењаду канор! Чалакро дар паси хона гузор, ки душманњо ба он нарасанд.
Абр. Мешунавам… Чалаки шира… дар паси хона.
Раъду барќ.
Дўкондор. Ана, чалаки шира. Дар шира шино мекунам! (Меравад).
Генерал. Бало будї.
Овози Дўкондор. Э, вой! Деворњои чалак торафт баланд мешаванд! Ман ѓарќ мешавам!.... Маро аз ин љо барор!
Абр. Ман танњо як орзуро иљро карда метавонам. Фаќат якто!!!
Генерал ва Хўљаин асабиёна механданд.
Дўкондор. Озод кунед…. Озод кунед…. Маро!....
Хўљаин. Абрро те.
Генерал. Те абрро!
Дўкондор. Гиред!
Хўљаин якум шуда банди абрро мегирад. Генерал ќафо мегардад.
Дўкондор. Ѓарќ мешавам! А –а- а- а!!!
Хўљаин. Акнун ман фармон медињам! Ресмонро мекашад). Бигузор робот њамаро дар ин шањр мутеъ созад ва њама барои ман кор кунанд!
Абр. Бигир роботро.
Раъду барќ. Робот меояд. Генерал паси тўп пинњон мешавад.
Хўљаин. Ана роботи зўртарини ман! Њой, њой, ба ту чї шуд?
Роботњо. Ту инсонї?
Хўљаин. Албатта!
Робот. На- бо- ша-д, ту-ро му-те -ъ ме- ку-на-м!
Хўљаин. Боз чї? Смирно! Ба наздам шагом марш?
Робот. Мо бо-яд ња- ма- ро му- те-ъ ку-нем. Фар-мон ња-мин.
Хўљаин. Маро халос кун, абр!
Абр. Ман фаќат як хоњишро иљро мекунам!
Генерал. Ана њамин хел, боб шудї! Надонистї, ки чї пурсї!
Хўљаин. Њой, генерал! Бо тўп инро нест кун!
Генерал. Абрро ба ман те!
Робот ба назди Хўљаин омада, ўро зада мекушад.
Робот. Як- то-яш- ро му-те-ъ кар-де-м!.
Генерал. Акнун абр аз они ман шуд!
Робот (генералро дида). Ту о-да-м!?
Генерал. Не, не! Чї хел ман одам?! Ман - генерал! Фармондењ!
Робот. Ин љо тан-њо мо фар-мон ме-ди-ње-м!
Генерал (бо тарс). Наздик нашав…
Аз тўп оташ мекушояд. Робот меафтад.
Генерал ресмони абрро ба даст мегирад).
Духтарча ва писарча меоянд.
Писарча. Бобо Генерал! Ман орзуямро ёфтам! Абрро ба ман дињед!
Генерал. Гум шав! Акнун тамоми олам зери поям мешавад! Њой, абр, ба ман бомбањои зиёд лозим, ки тамоми дунёро гирам!
Духтарча (гиряро сар мекунад). Лозим не!
Писарча. Гиря накун, хоњиш мекунам, гиря накун!
Генерал. Њой абр, маро мешунавї?
Абр. Мешунавам…. Мешунавам….
Генерал. Ба ман тирњои аз њама тиртарин лозим!
Абр. Хайр, пушаймон мешавї, лекин худат талаб кардї….
Раъду барќ. Торик мешавад. Садову оташи тирњо.
Писарча. Ман фаќат як орзу дорам: мехоњам, ки Духтарча њељ гоњ гиря накунад!
Оромї. Атроф равшан мегардад. Атроф гулњои шукуфон.
Абр. Ба шумо чї шуд? Куљоед? Бароед….
(Аз паси хона њаросида духтарча ва писарча мебароянд).
Духтарча. Мо дар ин љо.
Абр. Натарсед…. Шуморо дигар њељ кас намеранљонад.
Писарча. Хўљаинњову генерал куљо шуданд?
Абр. Онњо аз нияти бади худ ба маќсад нарасиданд. Акнун худи шумо соњиби шањри афсонавї њастед. Бо мардуми некдил, бо падару модари худ шодона зиндагї кунед.
Писарча. Ташаккур ба ту….
Абр. Ба худат ташаккур гўй, писарча. Ту орзуи асосї ва њаќиќиро ёфтї. Ман фаќат барои иљрои он ёрї додам. Ба атроф назар кунед. Њама хонањои обод, чаманзори шукуфон, дарё, гулњо, ќанду ќандалот, бозичањо… Њамааш аз они шумо. Њамроњи хушдилон шодї кунед ва дар дил фаќат орзуњои нек парваред!
Бачањо. Ташаккур.
Абр. (Месарояд).
Мон, ки бихандад офтоб,
Бар кўдакон аз осмон.
Армони њар як кўдаке,
Бигзор бошад гулафшон.
Бигзор бомба, тўпњо,
Њаргиз набошад дар замин.
Лозим ба кўдак љои он,
Бозичањои нозанин.
Лозим бувад бар кўдакон.
Ёру рафиќони накў.
Њам мактабу афсонањо,
Њам лањзањои ОРЗУ.
Бигзор хандад офтоб,
Бар чењрањои бачагон.
Бигзор бошад доимо
Дунёи онон гулафшон.
Парда.
Свидетельство о публикации №223032600337