Чароги сехрноки алоуддин мазхака барои бачахо

Љумъа Ќуддус,
режисер - Бањром Ќурбонзода

ЧАРОЃИ  СЕЊРНОКИ  АЛОУДДИН

(дар асоси ривоятњои «Њазору як шаб»)


Иштироккунандагон:

АЛОУДДИН
ШОЊДУХТАР.
СУЛТОН.
ДОЯ.
ЉАЪФАР.
ЉИН.

_____________________________________


Ќисми 1.
Намоиши 1.
ЉАЪФАР, АЛОУДДИН, савдогарони кўчагї.
Мусиќї. Сањна холї. ЉАЪФАР аз толор мебарояд.

ЉАЪФАР. Ва нињоят расидам ба шањри Аѓриб! (Ба толор). Дуруд бар шумо! Салом. Лекин гушна мондам. Шумо њам хўрдан мехоњед? Хот-дог? Шаурма? Њозир як чашмбандї мекунем. Ба њама яктої шаурма! Куф суф рака пуф! Э-э, нашуд –ку… Чаро!? Чаро бо сењри ман њатто як кулча ба даст намеояд? Ду сол дар Донишгоњи Маѓриб бењуда хондам? Дипломи вай ба ягон бало кор намеояд! Ана…  рўйкашаш аз оби тилло, бањоњо… панљ. Ана бинед… Ммм, хайр се њам бад не. Рости гап, аз танбалї бањогадої карда, сехоро њам харидам. Барои амал кардани дипломи ман як љини хизматгор лозим. Агар ягонтааш ба дастам афтад, ба њамаатон яктогї мошин туњфа мекардам. Дуо дињед, ки ман соњиби як љин шавам. Медонед, вай љин дар куљо? Дар ѓори аљинањо. (номаи дар пўсти гов навиштаро мебарорад). Лекин мувофиќи дастур фаќат Алоуддин бачаи Њасан ба ѓор даромада метавонад. Каси дигар дарояд, ба муш мубаддал мегардад.  Ёфтам, мо бояд, Алоуддинро ёфта кор фармоем. Дар байни шумо нест? Касе дар куљо будани ўро хабар дињад, як шаппотї мехўрад … эъ, чапотї мехўрад! Љавоби саволномаи тестиро биёрам? Ба инаш зўрам намерасад. Набошад, худам бањои панљ мегирифтам? Алоуддин ёрї медињад!  (Меравад).

Намоиши 2.
Шоњдухтар бо љастак парида - парида меояд. Дар тахт зочаи ў.

ДОЯ. Шоњдухтар шакар, духтар, шоњи духтарон. Берун нарав, шоњдухтар.
ШОЊДУХТАР. Мехоњам дар кўча бо њамсолон бозї кунам. …
ДОЯ. Шашсола будї – бозї мехостї. Њоло се карат шашсола шудї, Вале дар фикри хондан нестї.
ШОЊДУХТАР. Хондам. Алифборо медонам. Карата медонам…
ДОЯ. Наход? Хайр, се карат шаш чанд мешавад?
ШОЊДУХТАР. Се карат шаш? (ба толор). Бачањо, чанд мешавад? Э, не-е. Њамин ќадар бисёр? Њаждањ-е!
ДОЯ. Фањмидї? Дар ин синну сол бояд хондана тамом кунї.
ШОЊДУХТАР. Пагоњ зодрўзи ман! Падарам гуфтанд, ки њаждањсола шавї як тўњфаи зўр медињам. Вай чї бошад?
ДОЯ. Дилат чї мехоњад? Албатта, куртаи нав…
ШОЊДУХТАР. Њ-ю, вале чї бисёр? – Курта. Ба дилам задаст.
ДОЯ. Туњфаи дадаљонат дар њаждањсолагиат ба шў додан аст!
ШОЊДУХТАР. Шў? Бо ман бозї мекунад?
ДОЯ. Эњња, вай мемонад, ки бозї кунї? Аз пайи зиндагї мешавї, фарзанд тарбия мекунї. Шўри касе, ки туро гирад…
ШОЊДУХТАР. И-и-ї, набошад, шў кардан намехоњам. 
ДОЯ. Набошад хондан даркор… Ана, падарат омаданд.
СУЛТОН меояд ва духтарашро бо дурбин мељўяд.
СУЛТОН.  Духтарам, ана дар куљо руст шудї?
ШОЊДУХТАР (бо таъзими хунукон). Дада, салом, пулам тамом. 
СУЛТОН нињоят уро мебинад.
СУЛТОН.  Духтараки азизам, хайрият туро пайдо кардам!
ШОЊДУХТАР. Дада, салом, пулам тамом. 
СУЛТОН.  Мана, пул… Чї ќадар дињам?
ШОЊДУХТАР. Шаш карат се чанд мешавад? Ана  њамон ќадар…
СУЛТОН. Хотира ѓалбер шуда… Чанд мешавад, бачањо?
ШОЊДУХТАР. Ман худам медонам: њаждањ!
СУЛТОН.  Оњ, духтари донои додо. Пагоњ ту њаждањсола мешавї.
ШОЊДУХТАР. Шумо туњфаи зўр ваъда кардед. Вай чї?
СУЛТОН. Бале. Тўњфа њамин - пагоњ ту шавњар интихоб мекунї!
ДОЯ. Дидї? 
ШОЊДУХТАР. Ман шавњар кардан намехоњам!
СУЛТОН. Њафт подшоњбача интизори посухи туянд.
ШОЊДУХТАР. Ман ба њељ кас ваъда надодаам!
СУЛТОН. Ман ваъда додам, ки як шоњзодаро интихоб хоњї кард.
ШОЊДУХТАР. Шумо ваъда додед, худатон ба шавњар бароед.
СУЛТОН. Њазлњои ту маро мекушад. (Сурати љавонњоро нишон дода). Аз барои савоб гўй, чаро шањзода Мањмуд писандат нест?
ШОЊДУХТАР. Вай ѓафс!
СУЛТОН. Тануманд гуфтан мебояд. Шоњзода Ањмад чї?
ШОЊДУХТАР. Чўби ќоќ!
СУЛТОН. Нозукбадан гуфтан мебояд. Валиањд Валї чї?
ШОЊДУХТАР. Зиќоќ.
СУЛТОН. Олими доно гуфтан мебояд. Шоњзода Алї…
ШОЊДУХТАР. Эблењ аст!
СУЛТОН. Рост, аблањтарини аблањон… вале сарватманд. Э, агар њамаашона рад кунї, онњо ба мо љанг эълом мекунанд!
ШОЊДУХТАР. Айби худатон, аз номи ман ваъда намедодед.
СУЛТОН. Ту, эркача, ё ихтиёран шавњар мекунї, ё ба њар хостгори якум омада мебахшамат. Ин аст фармон. Нуќта. Тамом! (Менависад).
ШОЊДУХТАР. Эњња, њамин тавр? Набошад, ман зањр мехўрам.
СУЛТОН. Хўрдан гир!
ШОЊДУХТАР. Дарборро оташ мезанам!
СУЛТОН. Сўзон. Аздусар бояд таъмир кунем.
ШОЊДУХТАР. Ман фирор мекунам.
СУЛТОН. То куљо мегурезї? Гушна, ки мондї, давида меої.
ШОЊДУХТАР. Мебинем! (Мегурезад).
СУЛТОН. Куљо шудї? Баргард, духтарљон! Падар медињад фармон!  Шўхї накун бо пирон. Дардманд аст дили Султон! (Меравад).

Намоиши 3.

Кўча. Шоњдухтар бо љастак (скакалка) љањида меояд. Алоуддин меояд, ўро дида, худро гум мекунад.

ШОЊДУХТАР. Номат чї?
АЛОУДДИН. Алоуддин.
ШОЊДУХТАР. Ту мак-мак-бозї карда метавонї?
АЛОУДДИН. Мак-мак? Кї мак-мака наметавонад? Вале ин кори кўдакон. Ман бояд хонам, омўзам…
ШОЊДУХТАР. Ту њам мисли дояљонам гап мезанї.
Сарпосбон бо шамшермеояд, пеши Алоуддинро мегирад.
Сарпосбон. Дур шав. Ин шоњдухтар, пагоњ шў медињанд. Фањмо?
АЛОУДДИН. Не-е… Чи хел шў медињанд? 
САРПОСБОН. Э, гум шав аз инља… (Тела медињад)
Шоњдухтар бо љастак (скакалка) љањида меравад.
ЉАЪФАР омада, Алоуддинро мебинад.
ЉАЪФАР. Ёфтам касеро, ки ме љустам. (Нишаста, назора мекунад).
АЛОУДДИН (дар пешсањна нишаста, мўзаашро дўхтан мехоњад). Оњ, Худољон, ман ўро дидам!  Чї хушбахтї… Ё бадбахтист, ки дидам. Ё ба њар њол хушбахтї бошад, ки ман ошуќ шудам? Моњтоби шаб, офтоби сањар, дар нозукї – оњуи маст, дар сухан – кабки маст, дар роњравї оби љўйи кўњї… (суруд мехонад: «Оњубарра маст»… ). Оњ, Султон ўро пагоњ ба шавњар додан мехоњад. Чї бадбахтї.  (Љаъфари нишастаро кунда гумон карда мешинад). Чаро мани камбаѓал ба духтари султон ошуќ шудам… Чї эблењї!
ЉАЪФАР. Уњу… (Худро нишон дода). Ман ба ту ёрї медињам.
АЛОУДДИН. Э, мебахшед. Шумо кистед?
ЉАЪФАР. Ман амакат мешавам, ёрї медињам, ки шоњдухтарро…
АЛОУДДИН. Шумо гапњои маро шунидед?
ЉАЪФАР. Вале натарс, ба њељ кас намегўям, љиянљон..
АЛОУДДИН. Шумо ба фикрам маро ба касе монанд кардед…
ЉАЪФАР. Не. Ту ба падарат мисли як кадуи дукафон монанд.
АЛОУДДИН. Вале падар дар бораи  шумо њељ чиз нагуфтааст.
ЉАЪФАР. Ман 20 сол пеш ба Њинду Миср рафта, илми љуг, эъ… фаласафаро омўхта, олим шуда омадам. Биё, љияни азиз, оѓўшат кунам.
АЛОУДДИН. Ту ёрї дода наметавонї. Охир ту њам камбаѓалї.
ЉАЪФАР. Барои шоњдухтар тиллои бисёр даркор мешавад.
АЛОУДДИН. Медонам, вале ду рўз боз шиками ман дутор менавозад, њатто барои як кулча пул надорам.
ЉАЪФАР. Алоуддин. Аз ошуќї гўшат ќулф задаст. Ман ба ту тилло медињам. Медонї чї хел? Дар беруни шањр як ѓори сењрнок њаст. Танњо ман љояшро медонам. Дар он љо сандуќчаи тилло њаст, мегирию аз њама бойтар мешавї ва албатта шоњдухтарро ба ту медињанд..
АЛОУДДИН.  Худат рафта гиру аќаллан як хилъати нав хар.
ЉАЪФАР. Ман файласуфам, тилло даркор нест. Лекин дар он љо як чароѓи куњна њаст, дар равшаниаш китоб мехонам. Њамонро дињї шуд.
АЛОУДДИН. Хайр, месанљем. Маро ба назди њамон ѓорат бибар.
Мераванд.

НАМОШИ 4.
Љаъфар. Алоуддин.
Даромадгоњи ѓор. Алоуддин Љаъфарро пуштора карда меояд.

ЉАЪФАР. Ана расидем, Алоуддинљон. Ба ѓор дарову сандуќчаи тиллоро гир… ва барои мани пир њамон чароѓакро биёр.
АЛОУДДИН. Хуб. (Ба ѓор медарояд). Эњња, тамоми тиллои љањон дар ин љо! Амак фиреб накард. Вале сандуќча куљост? (ба толор) Шумо сандуќчаро надидед? Э, ана ин љо будааст. Ман бойтарин одам шудам. Акнун шоњдухтар аз ман мешавад!
Овози ЉАЪФАР. Чаро-о-оѓа фаромўш накун. Чаро-о-оѓ!
АЛОУДДИН. Ња, ќариб фаромўш кунам. Чароѓ! Ана вай. Ин ќадар кўњна. Бењтараш ба пири хирад як чароѓи нави нуќрагї мехарам!   
ЉАЪФАР. Чаро-о-оѓ!
АЛОУДДИН. Њозир. Ин чароѓи пўсидагї ба вай чї лозим? Ин ќадар вазнин? Тиллої бошад? Тоза кунам…

Чароѓро молида чангашро тоза мекунад. Дуд мебарояд. Аз байни дуд Дев пайдо шуда, љониби Алоуддин медавад. Ў тарсида мегурезад.

АЛОУДДИН.  Ист дар љоят! Бас кун!
ЉИН. Мехоњам арзи сипос кунам. Охир њазор сол дар даруни чароѓ дасту поям шах шудааст. Ба кор дарорам. (Машќи бадан мекунад).
АЛОУДДИН. Кї дар чароѓ нишастааст?
ЉИН. Ман, охир. Ё боз ягон љини дигар њаст?
АЛОУДДИН. Ку љин?
ЉИН. Ман љин. Шодам, ки амри туро иљро мекунам, фармондењам!   
АЛОУДДИН. Чаро ту маро фармондењ меномї?
ЉИН. Зеро ки ту бо остинат чароѓро молиш дода, маро озод кардї.
АЛОУДДИН. Чї хел наѓз. Ин тавр бошад, ёрии ту даркор. Медонї,  ман як духтара наѓз мебинам.
ЉИН. Олиљаноб. Ман мутахассис оид ба духтарон, тўйи арўсї њастам. Агар дар тўй барандаи дигарро даъват кунї, хафа мешававам. Дар болои филњои шоколадї як торти калон мепазам. Дар рўи миз њама чиз аз мармалод то шири мурѓро муњайё мекунам. 
АЛОУДДИН. Ман дар умри сарам шири мурѓро надидаам. Вале њозир дилам чизи дигар мехоњад. Дилакам оњ дилакам, оњ дилакам…
ЉИН.  Хўш… Чї будааст вай?
АЛОУДДИН (бо эњсос). Моњтоби шабам, офтоби сањарам…
ЉИН. Фањмидам. Чизи гирдакак - Тўби футбол?
АЛОУДДИН. Э, не. Оњубарраи маст, кабки хиромон…
ЉИН. Э, њамин тавр гўй… Чўља-кабоб?
АЛОУДДИН. Э, не. дар роњравї оби љўйи кўњї…
ЉИН. Шуд, шуд. Љип-а? Ња, ту бало-е.
АЛОУДДИН. Э, не, охир. Ин ќадар ту бефањмї?
ЉИН. Њазор сол даруни чароѓ, аз дунё ќафо мондам. Оши палав?
АЛОУДДИН. Ту бандаи нафсу шикам маро намефањмї!
ЉИН. Э, ња, ёфтам. Ту ошуќ шудаї!
АЛОУДДИН. Худат ошуќ шудї! (Нохост ором шуда) Э, рост-у… лекин вай духтари Султон-да…
ЉИН. Парво накун. Ман барин ходим дорї, дигар чї парво дорї? Туро бой мекунам. Дили вай аљиначата бо як ќуттї саќич меёбем.
АЛОУДДИН. Э, туро кадом љин задаст? 
ЉИН. Худам љин. Духтарњои мо бо якта саќич ром мешуданд… Ёфтам, як кило яхмос… Э, не… Як торти калон…
АЛОУДДИН. Ту бандаи шикам, дигар њељ чизро намфањмї.
ЉИН. Хайр, аз худаш пурс, вай мегўяд, ман иљро мекунам. Даст дењ! Ба ман маъќул шудї, бачаи олињиммату беѓаразї.
Овози ЉАЪФАР. Алоуддин! Зиндаї? Чароѓ! Ч-а-аро-о-оѓ!
ЉИН. Оњ-њо! Мо дар ин љо танњо нестем?
АЛОУДДИН. Ин амакам. Вай ба ман рањи ѓорро нишон дод.
ЉИН. Ва бар ивазаш чї мехоњад?
АЛОУДДИН. Фаќат як чароѓи кўњнаи зангзадаро.
ЉИН.  Чароѓи кўњнаи зангзада? Номаш гум бод, Љаъфар нест?
АЛОУДДИН. Ња, ту ўро аз куљо медонї?
ЉИН. Ин љодугари маѓрибиро ман надонам, кї медонад?
АЛОУДДИН. Хато мекунї. Агар вай љодугар мебуд, худаш омада, њам сандуќчаи тиллоро њам чароѓро мегирифт. Бо ман дар биёбон азоб намекашид. Дарвоќеъ, ман ўро пуштора карда овардам…
ЉИН. Барои он, ки вай бесавод, дар мактаби љодугарї соз нахонд, бањогадої мекард. Ба вай ман даркор – љини ѓуломи чароѓ. Вале дар дастурњои ќадима навишта шудааст, ки ба ин ѓор танњо ту даромада метавонї. Агар чароѓро ба вай дињї, як умр дар ин ѓор танњо мемонї.
Овози Љаъфар. Чар-о-о-оѓѓ!
АЛОУДДИН. Оњ, чї кор кунем?
ЉИН. Ваќти он аст, ки аз ин љо бароем. Куљо мефармоед, хўљаин? 
АЛОУДДИН. Ба шањри Аѓриб!
ЉИН. Итоат, фармондењи олї. Ба Аѓриб мепарем!
Ѓалоѓула. Садои парвоз.  Њарду мераванд.

Пардаи 2.
Намоиши 5.
АЛОУДДИН, ЉИН, Шоњдухтар ШОЊДУХТАР, ЉАЪФАР.

ЉИН. Хўш, парвоз чї хел гузашт?
АЛОУДДИН. Аљоиб…
ЉИН. Акнун куљо меравем. Ба ошхона?
АЛОУДДИН. Ба дарбор. Шоњдухтарро дидан мехоњам.
ЉИН. Иштињоят бад не. Вале ба дарбор рафтан шарт нест. Худаш меояд. Марњамат, духтари султони Аѓриб - ШОЊДУХТАР-р-р!
ШОЊДУХТАР. Дар кўча хеле шавќовартар аз дарбор будааст!  Чаро падарам маро берун баромадан намемонанд? Дар он љо бе ман зиќ нашуда бошад? Эњ, дар љустуљўи ман аз пой мондагист…
АЛОУДДИН. Шоњдухтари њаќиќї.
ЉАЪФАР меояд. Духтарро дида шод мешавад.
ЉАЪФАР. Оњ мебинам, ки Алоуддин-ча њам бало будааст. Лекин Љаъфарро фиреб додан мумкин не, Алоуддин!  Њоло мебинї. (Духтарро мебинад.) Шоњдухтар. Худаш ба дастам афтод. (Ба замин нишаста, нола мекунад.) Ёрї дињед… Эй духтараки хушру, ба пири бечора шафќат бикун, ки бархезам аз љой.
ШОЊДУХТАР. Њозир, бобољон…  (Ёрї медињад).
ЉАЪФАР (ўро медорад). Ин ќадар содда будан дуруст не, духтарак. Ана акнун фарёд зан. Алоуддин гўй!
ШОЊДУХТАР. А-а-а! АЛОУДДИН! А-ло-вуд-ди-и-н!
АЛОУДДИН давида меояд.
АЛОУДДИН. Оњ, Љаъфар, туї? Шоњдухтарро сар дењ !
ЉАЪФАР. Албатта, фиребгари хурдакак, сар медињам. Вале бар ивази чароѓ. Набошад, њам бо ин духтар, њам бо љони худ видоъ мекунї.
АЛОУДДИН. Бигир чароѓи куњнаатро!
ЉИН (пайдо шуда).Саросема нашав, фармондењ.
ЉАЪФАР. Ба љинат фармо, ки дамаша гирад.
АЛОУДДИН. Ёфтам: Љаъфарро ба ягон љойи дурдаст бифирист. Ё бењтараш ба муш мубаддал гардон.
ЉИН. Афсўс, ки ба љоду кардани сењргар њаќ надорам.
АЛОУДДИН. Шоњдухтарро љоду карда метавонї?
ЉИН. Чї ќадаре, ки хоњї.
АЛОУДДИН. Набошад, ўро муваќќатан ба дарбор фирист.
ЉИН. Шоњдухтар ба дарбор фиристода шавад!
Сењргарї. Маѓал. Њама мераванд. ЉАЪФАР танњо мемонад.
ЉАЪФАР. Њамин хел? Њоло бо собуни ман љомашўї накардаї.  Ба дарбор бошад, ба дарбор меравем.
Саллаашро ба сар мегузорад. Чароѓњои он дар мегиранд. Меравад.   

Намоиши 6.

Шоњдухтар. Доя. Султон. Љаъфар.
Тахти Султон. Шоњдухтар гўё аз хоб бедор мешавад.

ШОЊДУХТАР. Оњ… Ман боз дар хона? Ман хоб будам? Доя!
ДОЯ (меояд). Хайрият, пайдо шудї. Талхакаф кардї. Куљо будї?
ШОЊДУХТАР. Пас, ин хоб набуд?
ДОЯ. Не. Чї хел хоб? Ќариб ду соат пеш ѓайб задї.
ШОЊДУХТАР. Ман ба кўча рафтам. Як мард маро дошта маљбур кард, ки Алоуддинро љеѓ занам. Оњ, Алоуддин… Алоуддин куљо шуд?
ДОЯ. Кадом Алоуддин? Бачаи саќичфурўш ё  носфурўш!?
ШОЊДУХТАР. Не, вай дигар. Вай чунон бачаи наѓз, ки…
ДОЯ. Њамаашон як хел: дар фикри дуздидани ту.
ШОЊДУХТАР. Не, вай бачаи наѓз … љасур…сахї.
ДОЯ. Њай-њай, боз об шуда нарезї? Чї саховатмандї кард?
ШОЊДУХТАР. Барои ман чароѓи сењрнокашро додан хост! Њоло куљо бошад? (Яке аз сурудњои машњури ишќиро месарояд).
ДОЯ. Туро дев бурдааст. Дар китоби ќадима навиштаанд, ки  туро дев мебарад. Барои њамин падарат туро тезтар шў додан мехоњад.
ШОЊДУХТАР. Боз чї навиштаанд? Дев маро куљо мебарад?
Доя. Э, як љавон туро халос мекунад. Номаш, Алоуддин бошад?
Шоњдухтар. Дар куљост њамон китоб?
ДОЯ. Ту хонда наметавонї. Забонаш ќадима.
ШОЊДУХТАР. Аз њамин рўз мехонам. Чї хел ўро ****?
ДОЯ. Сабр бикун. Вай худаш меояд. Вале аз Љаъфар эњтиёт шав.
ШОЊДУХТАР. Хуб…
Султон дар даст доруи дил меояд.
СУЛТОН. Куљо шудї, духтарам? Уф. Хайрият… Шоњзодагон интихоби туро интизоранд.
ШОЊДУХТАР. Интихоб кардам, дадаљон…
СУЛТОН. Њой, навозед наќорањоро. Њамаатон оед ин љо!  Духтари манн номзадашро интихоб кард! Хўш, киро  нтихоб кардї?
ШОЊДУХТАР. Алоуддинро!
СУЛТОН. Шоњдухтар Алоуддинро интихоб кард! Исто, ин шоњзодаро ман намедонам. Ту иштибоњ намекунї?
ШОЊДУХТАР. Не, дадаљон. Сад фоиз бовар дорам.
СУЛТОН.  Сарваташ зиёд аст?
ШОЊДУХТАР. Чї фарќ дорад?
СУЛТОН. Ту њаќ, чї фарќ дорад? … Не, чаро фарќ надоштааст?! 
Аз ќафояш медавад, бо Љаъфари салладор рўбарў мешавад.
ЉАЪФАР. Дуруд, ай Султони бузургвор!
СУЛТОН. Шоњзодаї? Шарафмандам аз шиносої. Духтарам туро интихоб карду худат њам њозир шудї. Акнун хотирам љамъ.
ЉАЪФАР. Медонед, холи духтаратон чї гуна аст? 
СУЛТОН. Вай худаш аллакай гуфт, ки туро интихоб кард. Шумо кай фурсат ёфта шинос шудед? Ту шоњзодаи куљої?
ЉАЪФАР. Ба ман гўш дињед, бадбахтї рўй дод: як дайдуи љодугар фармони шуморо иљро накард – аз шањри Аѓриб дур нашуд, ба духтари шумо нигаристу ўро љоду кард. Шумо бояд ўро дошта ќатл кунед! Набошад, бадбахтї мешавад!   
СУЛТОН. Чї-ї!? Муњофизон! Њамаатон ба назди ман оед!!!
ЉАЪФАР. Лашкар даркор не. Ман худам ин масъаларо њаллу валл мекунам. Як наќша дорам…
Њамроњ мераванд.

Намоиши 7.
Султон. Љаъфар. Алоуддин, баътар Љин. Шоњдухтар меояд.

ШОЊДУХТАР. Наход, ки ошиќам ман? Акнун чї кунам? Охир ў куљост.  Ўро чї хел пайдо кунам? Намемонанд, ки аз дарбор бароям. Чї тавр шоњдухтар будан мушкил…
Султон меояд.
СУЛТОН. Чаро ѓамгинї духтарам? Пагоњ тўй, аз рўи арўс бояд  нур борад. Имрўз бо муњаббат шавњар кардан кори осон нест. 
ШОЊДУХТАР. Дадаљон фаќат намедонам, ки вай куљост…
СУЛТОН. Ин авбоша дошта, куштан лозим… Эъ, вай ба наздам омада буд… њоло бо як кор банд. Вай доно, ба ту ѓамхор. Вале пир нест?
ШОЊДУХТАР. Не, вай њамсоли ман.
СУЛТОН. Шояд … лекин сараш кал…
ШОЊДУХТАР. Чї хел кал? Шумо хато мекунед, дадаљон…
Маѓал. Доду фарёд. Љаъфар Алоуддинро дошта меорад.
ШОЊДУХТАР. Оњ, Алоуддин! Алоуддин!...
СУЛТОН. Шоњзода Алоуддин!
СУЛТОН Љаъфарро оѓўш мекунад, шоњдухтар Алоуддинро.
СУЛТОН (ба Алоуддин). Њой маккор, чаро духтари мана ачї-мачї мекунї?
ШОЊДУХТАР. Дадаљон, охир ин Алоуддин аст!
СУЛТОН. Ана инаш Алоуддин!
ШОЊДУХТАР. Не, дадаљон. Вай љодугар…
ЉАЪФАР. Мебинед, Султонам, ин духтарро љодугар кардааст!
АЛОУДДИН. Ба вай бовар накунед. Мо якдигарро дўст медорам.
СУЛТОН. Ту чї тавр љуръат карда ўро дўст доштї?
ШОЊДУХТАР. Дадаљон, ман њам ўро дўст доштам.
ЉАЪФАР. Духтар дар таъсири љодуи ин мондааст! Бемор аст…
СУЛТОН. Ана гап дар куљо. Бечора духтаракам.
ЉАЪФАР. Њозир бо вай бањс накунед. Ба њар гапаш розї шавед.
СУЛТОН. Хуб-хуб. Духтарам, шоњзода Алоуддин инакаш. Вале камтар тоќат бикун, андак дам гир, нерў бигир, наѓзакак андеша бикун…
ШОЊДУХТАР. Ман кайњо хулоса кардам. Худи њозир тўйро сар мекунем! Худи њозир!
СУЛТОН. Хуб. Ихтиёрат. (Ба Љаъфар). Акнун чї мебояд кард?
ЉАЪФАР (ба Султон). Гулоб дињед.
СУЛТОН. Ба ин муносибат гулоб мебояд хўрд!
ЉАЪФАР (шароб меорад). Марњамат.
СУЛТОН. Хушбахт шавед. (Њарсе менўшанд. Алоуддину Шоњдухтар меафтанд).  И-и-ї, ба инхо чї шуд?
ЉАЪФАР. Ман ба гулоб доруи хоб андохтам.
СУЛТОН. Ба ман чї? Сари ман њам гаранг…
ЉАЪФАР. Шумо, њамин рўз духтаратонро ба ман медињед.
СУЛТОН (дар тањти таъсири дору). Хуб…
ЉАЪФАР. Вамаро султони нав эълом мекунед.
СУЛТОН. Ман чї мешавам?
ЉАЪФАР. Ба нафаќа мебароед.
СУЛТОН. Хуб…
Љаъфар ўро паси парда бурда меояд.
ЉАЪФАР. Њамааш олиљаноб. Лампа куљост? (Аз баѓали Алоуддини хобида чароѓро мегирад). Ана вай. Акнун тамоми љањон зери фармони ман мешавад! (Чароѓро молиш медињад).
ЉИН пайдо мешавад.
ЉИН. Ба амру фармони шумо итоат мекунам, фармондењи хурдакак. (Чароѓро дар дасти Љаъфар дида). Ммм… Итоат, хўљаин. 
ЉАЪФАР. Хўш, Љин-љани, ба дасту пойи Алоуддин кишан зан.
ЉИН. Итоат. (Кишан мезанад). 
ЉАЪФАР. Алоуддинро ба зиндон мепартоям. Духтарро ба занї мегирам! Љин-љани, ба шоњдухтар чї њадя кунем, ки хурсанд шавад? –Торт. Аловуиддинро, њамин ки бедор шуд, зада нест бикун.
ЉИН. Хуб.
ЉАЪФАР. Шоњдухтар бояд дар хонааш хоб карда, дам гирифта, ба тўй омода шавад.
Бо гипнози ў Шоњдухтар бо чашмони пўшида хеста равон мешавад.


Намоиши 8.
Доя як табаќ самбўсаи рўяш бастаро оварда рўи миз мегузорад. Дев бўй кашида меояд. Ўро касе намебинад.
Доя. Шоњдухтари ман самбўсаро наѓз мебинад. Чунон ба мењр пухтам, ки касе хўрад, боз хўрдан мехоњад.
Дев (ба толор). Ман њам самбўсаро наѓз мебинам. Њи-њи-њи.
Табаќро бардошта бурдан мехоњад.  Доя фањмида, пешашро мегирад.
Доя. И-и-ї… Ист! … Э-ээээ, ин кори дев. Њоло ист. Ту бо собуни ман љомашўї накардаї. Дев аз оњан метарсад. (Бо кафгир девро мезанад).
Дев. Вой, дастама шикастї! (Худро ошкор мекунад).
ДОЯ. Дар љояш мон, деви аблањ!
ДЕВ. Хуб, хуб. Фаќат назан. Аќаллан якта самбўса те.
Доя. Неъ. Шафќат надорї! Шоњдухтарро азоб медињї. 
Дев. Ман фармони соњиби чароѓро иљро мекунам.
ДОЯ. Соњиби чароѓ Алоуддин аст. Љаъфар ба њилла онро дуздид. Дили Љаъфар ба њама бад. Барои нафс дунёро вайрон кардан мехохад.
ДЕВ. Мефањмам, вале илољ надорам. Ба ман фармон дењ. 
ДОЯ. Ман  аз ту мењр, инсоф, адолат мехоњам.
ДЕВ. Инаша намедонам. Мењру инсоф чист?
ДОЯ. Ту театр наравї, консерт набинї, аз куљо медонї?
ДЕВ. Театру консерташ чї? 
ДОЯ. Дар театр наќш мебозанд, дар консерт мењру муњаббат, шодию инсоф, адолатро бо суруду раќс ифода мекунанд.
ДЕВ. Њељ чиз намефањмам. Сад бор шунидану як бор дидан. Як нишон дењ.
ДОЯ. Хайр, ман пир шудам, чени метонистагиам мераќсам, лекин ту наханд. Ќарсак бизан…
Доя мераќсад. Ба дев мефорад.
ДЕВ. Ввоњ, бало будї-ку… раќсаш њамин аст? Чї хел наѓз…
ДОЯ. Уф… њалќам ќоќ шуд.
ДЕВ. Давом дињед, дояљон… 
ДОЯ. Бас-е. чї, ман ба ту раќќосаам?
ДЕВ. Бисёр маъќул шуд. Маро ба театрат бар.   
ДОЯ. Хуб, лекин ба як шарт: ба шоњдухтару Алоуддин зарар нарасон.

Дев. Ман  њам ба онњо одат кардам. Њардуяшон ба ман маъќул. Раќсу таронаи ту њам зўр, самбўсаат боз бењтар. Аммо афсўс, ки чароѓ дар дасти Љаъфар аст.
ДОЯ.  Як фикр ба сарам омад. (Гўшакї мекунад. )
Дев. Ќабул. Фаќат як самбўса…
Доя. Гир, ошат шавад. Њамин кор барор гирад, аз шодї њар рўз бароят раќс мекунам. 
Дев. Рањмат. (Самбўсаро хўрда меравад).

Намоиши 9.
АЛОУДДИН, ЉИН, ЉАЪФАР, ШОЊДУХТАР.
Алоуддини дастбаста аз хоб бедор мешавад. Љин меояд.

АЛОУДДИН. Љин - љани!  ЉИН!
ЉИН. Салом. 
АЛОУДДИН. Хайрият, ки худат омадї. Зуд дасти маро кушо. Љаъфар ба дарбор даромадааст…
ЉИН.  Медонам.
АЛОУДДИН. Дасти маро кушо, охир.
ЉИН.  Наметавонам.
АЛОУДДИН. Чаро?
ЉИН.  Ман ѓуломи чароѓам.
АЛОУДДИН. Инро гуфта будї.
ЉИН.  Чароѓ дар дасти Љаъфар. Фаќат фармони ўро иљро мекунам.
АЛОУДДИН. Вай ба ту чї фармон дод?
ЉИН.  Барои тўй торт пазам.
АЛОУДДИН. Чї-ї?
ЉИН.  Вай ба шоњдухтар издивољ мекунад.
АЛОУДДИН. Хељ ваќт! Ку дасти маро кушо!
ЉИН.  Наметавонам.
АЛОУДДИН. Набошад, раву тортатро пухтан гир. Деги ошро њам фаромўш накун. Рав, рав…
ЉИН.  ЉАЪФАР боз фармуд, ки… туро кушам…
АЛОУДДИН. Хайр, куштан гир, чаро истодаї?
ЉИН. Намехоњам. Софдилиат ба ман маъќул, ба ту одат кардам.
АЛОУДДИН. Ин хел бошад, маро озод бикун.
ЉИН.  Наметавонам. Ман ѓуломи чароѓам.
АЛОУДДИН. Уф…
ЉАЪФАР меояд.
ЉАЪФАР. Эњња, њоло њам накуштаї? Амри хўљаин вољиб аст!
ЉИН. Фикр кардам, ки куштани Алоуддин як кори оддї. Бигузор азоб кашида тамошо кунад, ки чї хел мо ба тўй мекунем: интизории марг сахттар аз худи марг.  Баъди тўй аз вай халос шавем.
АЛОУДДИН. Њоло ман ба ту њам нишон медињам,
ЉАЪФАР. Ња, ту бисёр чаќќон. (Бо зањрханда меравад).
ЉИН (Шоњдухтарро бо ишора љониби тахт даъват мекунад). Инља биё! (Калидњоро болои кишани Алоуддин гузошта, меравад).
АЛОУДДИН. Шоњдухтар!!!
ШОЊДУХТАР. Оњиста гап зан. Њељ кас намедонад, ки ман инљоям.
АЛОУДДИН. Зудтар бирав, ки шўи ояндаат наояд.
ШОЊДУХТАР. (Дасту пойи ўро мекушояд). Намефањмам, ки чї гап шудааст: падарам љоду шудааст. Љаъфар ба њама фармонфармої мекунад, гўё ки шоњ ў бошад, тўйро омода мекунад. Бароям аз зани Љаъфар шудана мурдан бењтар! Чї кор кунам? 
АЛОУДДИН. Фаќат як илољ њаст: гирифтани чароѓ аз дасти Љаъфар.
ШОЊДУХТАР. Кадом чароѓро?
АЛОУДДИН. Њамонро, ки аз ман зада гирифт. Даруни вай дўсти ман Љин њаст! 
ШОЊДУХТАР. Дўсти ту барои тўй торти калон мепазад.
АЛОУДДИН. Љаъфар маљбур кардааст. Љин – ѓуломи касест, ки чароѓ дар дасти ўст. Агар чароѓ дар дасти мо бошад,  Љаъфарро ба осонї маѓлуб мекунем. Ва тўй – тўйи мо мешавад.
ШОЊДУХТАР. Чароѓ њамеша дар дасташ, аз вай људо намешавад. Ёфтам… Ман ўро боб мекунам. Рафтем, аввал туро пинњон созам.

Намоиши 9.
СУЛТОН, ЉАЪФАР, баътар ШОЊДУХТАР.
Љаъфар дар даст коѓазу ќалам аз ќафои ў Султон меоянд. 

СУЛТОН. Илтиљо мекунам, сабр намоед, муњтарам Љаъфар. Ман њоло ба нафаќа баромадан намехоњам, ман њоло њукм ронда метавонам. Дигар ин, ки ман њоло валиањд надорам.
ЉАЪФАР.  Љойи шуморо ман мегирам. Чї, шумо зид њастед?
СУЛТОН. Албатта. Аввалан, шумо шоњзода нестед…
ЉАЪФАР.  Дуюм…
СУЛТОН. Дуюм шумо лоиќи духтари ман нестед.
ЉАЪФАР.  Чаро?
СУЛТОН. Вай гули навшукуфта, шумо хори маѓелони пир.
ЉАЪФАР. Чї гуфтї-ї?!!!
СУЛТОН. Чизе, ки шунидї.
ЉАЪФАР. Боз байту ѓазали кўњнаро сар кардї?  Њозир. (Аз љайбаш ба сари Султон хока мепошад). Хўш, њолатон чї хел хусури бузургвор?
СУЛТОН. Олиљаноб!
ЉАЪФАР.  Доруи хобовари ман чизи хуб аст. Дидед, бачањо, андак дониши бо бањои сеи њаќиќї дар мактаби љодугарї гирифтаам чї хел кор медињад. Хондан даркор. Хўш, аз гап ба амал мегузарем…
СУЛТОН. Чї хел наѓз… Бинед, мурѓакон парвоз мекунанд…
ЉАЪФАР.  Њамин тавр мулоим шавед, на танњо мурѓон, парвози барзаговро њам мебинед.
СУЛТОН. Ман ризо, фаќат паррандањо гум нашаванд…
ЉАЪФАР.  Барои ин, ба ин ќоѓаз якта имзо гузоред.
СУЛТОН. Онњо суруд њам мехонанд.?
ЉАЪФАР.  Агар кашол дињед, на танњо намехонанд, балки бароятон абадї гум мешаванд.
СУЛТОН. Ман чї кор кунам?
ЉАЪФАР.  Имзо - автографи худро дар ин љо гузоред.
СУЛТОН. Дар инља чї навишта шудааст? Њама њарфчањо парида мегарданд. Бинед, чї хел нуќтаи фарбењи калон…
ЉАЪФАР.  Бас аст! Ман аллакай 777 бор ин фармонро хондам! 771-ум маротиба мехонам: «Ман, Султони Аѓриб духтарамро ба шоњзодаи Маѓриб - Љаъфар ба занї медињам ва ўро Султон эълом мекунам». 
СУЛТОН (нохост ба худ омада). Чї-ї!? Чї навишта шудааст? ба ин чизи бесаводона њељ ваќт имзо намегузорам!
ЉАЪФАР.  Ё тавба… Боз чї шуд? Њама љодугариям њамин? Кошки дурусттар хонда, аќаллан бањои чор мегирифтам! Тамоми дорувориро сарф мекунам. (Њама хокаи халтачаро ба сари Султон мерезад).
СУЛТОН. Суратам дар ин фармоннома ќизиќ шудааст.
ЉАЪФАР.  Набошад, зери ин сурати хушрўятон имзо кунед.
СУЛТОН. Хуб. Ќалам куљост?
ЉАЪФАР.  Ана, марњамат. Имзо кунед.
СУЛТОН (имзо мекунад). Ана-е…
ЉАЪФАР.  Ана акнун мурѓу барзагов њам мераќсад, хару хачир њам. Бо фармони ман мераќсанд! Шоњдухтар, куљої? (Меравад).
Шоњдухтар меояд.
ШОЊДУХТАР. Падар. Падарљон, ба шумо чї шуд? Гўш кунед…
СУЛТОН. Оњиста! Мурѓаконро натарсон. Эњ, ту чї кор кардї? Истед, мурѓакон, ман ба шумо дон медињам. Исто, азизакам… 
(Аз ќафои мурѓони хаёлї давида меравад.)

Намоиши 10.
Шоњдухтар, Љаъфар, Љин, баъд Алоуддин ва Султон.
Шоњдухтар ба пешсањна меояд, фатаашро дуруст мекунад.
ЉАЪФАР меояд. Шоњдухтар, њамин љої? Шоњдухтари муњтарам, ба диќќати шумо, агар якравиро давом дињед, падари муњтараматонро мисли Алоуддин ба он дунё  мефиристам. Фармон аллакай тайёр.
ШОЊДУХТАР. Хафа нашавед, шавњари ояндаи бузургвор. Ман фикр карда - фикр карда, ба хулоса омадам, ки шумо бењтар. Чунон пир, эъ, хирадманд, хушрўй, боз љодугар. Ин хелаша аз куљо меёбам? Ба ман Алоуддин чї даркор? Охир љодуро надонад…
ЉАЪФАР. Ба гўши худам бовар намекунам.
ШОЊДУХТАР. Шў-љони оянда, туњфаи тўёна мехоњам.
ЉАЪФАР. Тўёна? Тўњфа?
ШОЊДУХТАР. Гарданбанди шаддаи марљон мехоњам.
ЉАЪФАР. Шаддаи марљон? Њозир. (Чароѓро мемолад).
Овози ЉИН. Ман бандам, хўљаин…
ЉАЪФАР. Зуд баро!
ЉИН (меояд). Хайр, боз чї?
ЉАЪФАР. Ту бо хўљаинат чї хел гап мезанї? Шаддаи марљон биёр
ЉИН (љоду мекунад). Ана гир.
ЉАЪФАР. Шоњдухтар, тўњфаи идонаи маро ќабул фармоед.
ШОЊДУХТАР.  И-и-ї? Марљони бањрї мехоњам! Ин шишаи оддї! 
ЉАЪФАР (ба ЉИН). Бе сохтакорї марљони њаќиќї биёр.
ЉИН. Марњамат.
ЉАЪФАР. Муњтарам шоњдухтар…
ШОЊДУХТАР. И-и-и-ї, ин ќадар майда. Калонаша мехоњам… Шумо маро масхара мекунед? Аз шумо њам дилам монд. Шумо њатто љоду карда наметавонед.
ЉАЪФАР. Муњтарам шоњдухтар, ман намедонам, ки дили шумо чї хелаша мехоњад.
ШОЊДУХТАР. Инро фањмондан душвор. Агар ба ман љодугариро меомўзондед, ман метавонистам диламро фањмонам.
ЉИН. Ин кори мушкил. Худам базўр иќањакаша ёд гирифтам.
ЉИН. Худаш њељ балоро ёд нагирифтааст.
ЉАЪФАР. Дамата гир, набошад, боз њазор сол даруни чароѓ мешинї. Муњтарам, шоњдухтар, бењтараш шумо ният кунед, ман аз ќиёфаи шумо дилу нияти шуморо мефањмам. 
ШОЊДУХТАР. Хуб. Ният кардам.
ЉАЪФАР. Ммм… (њељ чиз нафањмида, гаранг мешавад). Фањмо. ЉИН-љани, хоњиши зани маро иљро бикун.
ЉИН. Дилу нияти вай он аст, ки…
ЉАЪФАР. Иљро бикун!
ЉИН. Хуб. (Давида ба шиками ЉАЪФАР як лаѓад мезанад. Чароѓ аз дасти вай меафтад. Љин онро гирифта ба шоњдухтар медињад). 
ЉАЪФАР. Аблањ, ту чї кор кардї?
ЉИН. Хоњиши дили ўро иљро кардам.
ЉАЪФАР. Вай шаддаи марљони калон мехост.
ЉИН. Не, вай тамано кард, ки соњиби чароѓ шавад.
ЉАЪФАР. Чароѓро ба ман дењ, њама хоњишатро иљро мекунам.
ШОЊДУХТАР. Хестї, ки хобї!
ШОЊДУХТАР ва ЉИН мегурезанд.
ЉАЪФАР. Боз маро фиреб доданд! Чаро дар мактаб бо бањои панљ нахондам-а? њоло фиреб намехўрдам. Не, ман таслим намешавам! Ман бояд бойтарин одами љањон шавам!
Овозњо: Љаъфарро дастгир кунед ва ба дор кашед!
ЉАЪФАР. Не-не, ман ислоњ мешавам. Ваъда медињам.
Овозњо. Љаъфари хоин ба дор кашида шавад!
ЉАЪФАР. Ваъда медињам, ки ман одами наѓз мешавам. (Ба толор). Шумо маро бахшидед-а? куљо равам? Пеши очам меравам! Фаќат очаам маро дўст медорад, дар бачагї Љаъфарљонам мегуфт…. 
Овозњо. Љаъфари хоин ба дор кашида шавад!
ЉАЪФАР. Не, не. Фаќат накушед. Ман ислоњ мешавам!  (Меравад).
Шоњдухтар меояд.
ШОЊДУХТАР. Алоуддин! Алоуддин!!!
Алоуддин дар либоси шоњона меояд.
АЛОУДДИН. Ман инљоям!
Њарду суруд мехонанд. Дар охир њамдигарро бўсиданї мешаванд. Ин дам Султон меояд.
СУЛТОН. Уњу-уњу… Фарзандони азизам, ман хато кардам, ки…
Њарду. И-и-и-ї…
Султон. … Хато кардам, ки ба Љаъфар бовар кардам.  Њоло ўро тамоми лашкар љустуљў мекунад. Вай албатта љазои сазовор мегирад! Духтарам, инља биё. Ту њам биё Алоуддин. (Дастони онњоро ба њам мегузорад). Фањмидам, ки дар дунё  сарват муњим нест. Чизи гаронтарин – муњаббати инсонист. Хушбахт шавед, фарзандонам.
Њарду. Ташаккур, падар.
СУЛТОН. Дарвоќеъ, медонед, дўсти шумо Љин-љон бо чї кор банд?
Њама. Торти тўёна меорад!
ЉИН бо торти калон меояд.
ЉИН.  Султоно, инсоф мехоњам.
СУЛТОН.  Хўш…
ЉИН.  Њамаро ба маќсад расондам? Расондам.
ЊАМА. Бале.
ЉИН. Ман њам як хоњиш дорам.
СУЛТОН.  Хўш…
ЉИН.  Мехоњам, ки доя њар рўз ба ман самбўса пазад, раќс кунад, театр барад.
СУЛТОН. Эњ, хайрият-е… Доя, ту ба ин чї мегўї?
ДОЯ. Ба як шарт: Ба ягон кас зарар намерасонад, фаќат некї мекунад, барои босавод шудани бачањо ёрї медињад.
ЉИН.  Ќасам ба очаам, ки фаќат некї мекунам, њама бачањоро аълохон мекунам.
ДОЯ. Ќабул кардам.
СУЛТОН. Ман   њам ќабул кардам. Ба ин муносибат тўйи калон барпо мекунем.
Њама мераќсанд.


Рецензии