Гушвораи тилло драма барои наврасон

Гўшвораи тилло
Драма барои наврасон

Иштироккунандагон:

Лайлї – 14 сола.
Модар – 40-сола
Муаллима – 35-сола.
«Таѓо» - соњибкор – 40-сола,
Азиз – 17-сола,
Љовид– 17-сола.
Шамсия -16-сола.
Милитсионер – 24-сола.
Духтарчањо (1 нафар иљро мекунад)

Дар сањнањои умумї – хонандагон, наврасон, кормандони милитсия.

Эзоњ: њангоми тањияи спектакл аз љониби як нафар иљро кардани ду наќши хурд имконпазир аст. Њама кўдаконро як нафар иљро мекунанд; наврасон дар баробари сањнањои мактаб инчунин, наќшњои бегапи наврасони кўча, мутахассисон, шахсони холисро иљро мекунанд.
_____________________________________

Ќисми 1.
Пролог.
Пешсањна. Лайлї дар даст љузъдон бо рўњияи воло меояд. Дар хаёли Лайлї аз як тараф модар, аз тарафи дигар муаллима  пайдо мешаванд.

Лайлї. Ман омадам, оча! Лайлии шумо - дилу љони шумо омад! Мисли парандаи озод парвоз мекунам!
Муаллима. Ќодирова Лайлї – 14-сола, аълохони синфи 7-ум, дар чорабинињои фарњангї фаъол, дар дави олимпї натиљаи хуб дорад…
Лайлї. Мехоњам аз њама доно бошам, њама аз ман ифтихор кунанд,
Модар. Бо донишу ифтихор сер намешавї. Пул даркор, доллар даркор. Ана, «Таѓо» на савод дорад, на њунар. Вале њама ба ў хизматгор.
Муаллима. Зари холис - донишу њунар. Аз њавасњои бад рањо шав. Пул њам бо донишу мењнати њалол ба даст меорад.
Модар. Илми «Таѓо»-ро омўз. Шогирди «Таѓо» шав.
«Таѓо» меояд. Чанде  дар торикї бо доираи ў мераќсанд. Чанде гирди Муаллима дар даст китоб, ба сўи нур ќадам менињанд.
 «Таѓо». Ман як одами оддї, як поям кўтоњ, вале ду дастам дароз. Доллар мехоњї? Бахту тахт мехоњї? Диплом мехоњї? – Ман туро ба маќсад мерасонам. Ана ин борро ба очаат те, соњиби пул мешавї.
Лайлї. Тамом?
Муаллима. Лайлї. Ба бахти осон бовар накун.
Ростї кун, ки ростон растанд,
Дар љањон ростон ќавидастанд.
Лайлї дар андеша.
«Таѓо». Бо роњњои гуногун кисаро пур мекунанд: ана, ѓунљоиши ин сатил 8 литр, вале ту 10 литр гуфта бензин те. Фоидааш - ду таќсим. Ман пушту «паноњат». Ана, ин борро сари пул барї, аз сарат тилло мерезанд.
Лайлї бо дили нохоњам  љониби таѓо мекалавад.
Муаллима. Чист зарри ноб? – Рангин гашта хоке з-офтоб,
Њар кї кард афсар зи зари ноб, хокаш бар сар аст.
Гар надорад симу зар доно, манењ номаш гадо,
Дар бараш дил бањри дониш, ў шањи бањру бар аст. (Љомї).
Лайлї меистад. Дар андеша дармемонад.
«Таѓо» (бор медињад). Хайр, ина ба очаат те. Њаќи ту сад сомонї.
Лайлї љониби таѓо меравад.
Муаллима ва наврасон (бо афсўс):
Њар он кас, ки гардад зи роњи хирад,
Саранљом печад ба кирдори бад. (Фирдавсї).
Њама мераванд.

Намоиши 1.
Лайлї борро ба хона оварда ба модараш медињад.
Модар. Офарин.
Лайлї. Дар олимпиада ѓолиб шавам, ба хориља ба хондан меравам! 
Модар. Олимпиадаи ману ту – бозор. Ба бозори Урумчї мебарам, ба университет дохил мекунам. Ба як бойбача ба шў метием, роњат мегардї!
Лайлї. Дадаи ман њам бой буданд, лекин моро партофтанд…
Модар. Дадаи ту – хатои љавонии ман. Аз вай на хонаву дар монд, на мошину сарват. Хонаро барваќт ба номи модараш гузаронда будааст! Акнун фаќат сад доллар барои ичораи хона медињем. Њељ гап не, худам пул меёбам! Худам туя бойдухтар мекунам!
Лайлї. Кай мо бой мешавем, оча?
Модар. Дар панљсолагиат гўшвори тиллои туро кадом беинсоф дуздида буд. Вай мероси бибиат, мисли раднома буд. Њамин бора фурўшам, ба ту як гўшвор мехарам. Аз дигар бойњо чї фарќ мекунї?
Лайлї. Гўшвораи мана кї гирифта буд?
Модар. Як кас дар гўши љияни «таѓо» дидааст, вале бовар надорам.
Лайлї. Намудаш чї хел буд?
Модар. Калони панљарагулчин. Ана, дар суратат маълум. 
Таќ-таќи дар.
Лайлї. Оча-а-а, ба хонамон милисионер омад.
Модар. Оњ, худо зад…
Мусиќии дилхарош.
Милисионер. Салом. Лейтененти милитсия Њазратов. Инњо одамони холис. Шумо барои интиќоли ѓайриќонунии маводи мухаддир гумонбар шудед. Ин санксия аз суди ноњия.
Модар. Ин тўњмат аст.
Милисионер. Сарпечї кардан аз гуноњ бар зарари шумост. Иќрор шуда, ба тафтишот кўмак расонед, ба инобат гирифта мешавад.
Модар (ба гўшаи дигар даъват карда). Ба шумо гап дорам.
Милисионер. Хўш…
Модар. Шумо аз «њаќи» худатона гап занед. 500… мешавад?  600… Буду шуд 700 доллар дорам. Гиред.
Милисионер. Шумо маро њам ба љиноят тела додан мехоњед?
Модар. Ана ин њалќаи тиллои ман њам аз шумо.
Милисинер. Ба хотири фарзандони ноболиѓатон ин кори шуморо ба расмият намедарорам. Мо виљдони худро намефурўшем.
Модар. Хуб, як чизи дигарро гўед: маро кї фурўхт?
Милитсионер. Шариконатон. Паноњкунандагонатонро ошкор намоед, гуноњатонро сабуктар мекунед.
Модар. Наметавонам… Аз љони духтарам андеша мекунам.
Милисионер (аз зери пошнаи туфлї маводе ёфт). Ин чист? Героин. Шумо њамроњи мо меравед.
Лайлї.Не, не!!!
Модар. Худоё, чї ниятњо доштам… Лайлиљон, мехостам туро бойдухтар кунам, вале… Ту хонаи холаат рав. Додарат њамон љост.
Лайлї. Не, не!!! Ман мехостам, ки аз њама доно бошам! Њама аз ман ифтихор кунанд, њама шиносу ношинос маро дида гўянд: «Лайлии мо, Донои мо, ифтихори мо омад»! Вале акнун таќдири ман чї мешавад?
Гириста меравад.

Намоиши 2.

Њавлии бинои истиќоматї. Лайлї меояд.
Лайлї. Ман бояд ќасос гирам! Ин Робиа – духтари як муриди таѓо. Гўшвораи тилло дорад. Шояд мероси балогардони бибии ман бошад. Ман бояд ба тўмори балогардони бибиам соњиб шавам.
Робиаи 5-сола танњову маъюс меояд
Лайло. Чаро зиќї, дугонача?
Духтарча. Њељ кас бо ман бозї намекунад. Мегўянд, ки ту майдаї.
Лайлї. Ман бо ту бозї мекунам. Бозї ин хел: (Ба канори дигар мебарад). Касе пештар ба он нињол расад, саќича тўњфа мегирад.
Духтарча. Мешавад…
Лайлї. Эњ, ваќти давидан гўшвораат меафтад. Биё, кушода гирем. Ман дошта меистам. (Зуд гўшвораро кушода мегирад). Як, ду, се. Давидем!
Баробар медаванд, Лайлї дигар тараф меравад.
Духтарча. Исто! Гўшвори мана те… Оча!!!
Овозњо.
-Гўшворадузд баромадааст!
-Ба гапи касони бегона гўш надињед!

Намоиши 3.

Гўшаи њавлии баландошёна. Азиз ва Љовид меоянд.
Азиз. Ту барои чї дари синфи моро кушодї!?
Љовид. Муаллимая кофтам.
Азиз. Ту як девонаї.
Љовид. Аз девона мешунавам.
Азиз. Њоли њамин хел?
Љовид. Чї пат–пат мекунї?
Азиз. Дарди «хоришак» дорї? Доруяш мушти ман.
Љовид. Мушти ман њам хамир не…
Азиз. Мард бошї, љойи паноњтар меравї.
Љовид. Натарсон, соли ман шер.
Азиз. Соли ман Хирс!
Мераванд. Лайлии хотирпарешон меояд.
Лайлї. Он гўшворањо «панљаргулчин» набуданд, яъне, аз бибии ман не. Дар «Корвон» ба сад сомонї фурўхтам Тилисмшикани ман дар гўши дигар кас. Ман бояд гўшвораи тиллои балогардони  худама бояд пайдо кунам. Ана ин духтарча љияни Таѓо. Шояд дар гўши вай бошад?
 Холисава меояд. Лайлї аз ќафои ў назорат мекунад.
Духтарчаи 1 Биё, ќандак харем…
Лайлї. Ман бояд ба гўшвораи «тилисмшикан»-и худам соњиб шавам. Боз як бор аз роњ мебароям. Боз як боракак.  (Ба Холиса). Ња, хушрўча, бо ман бозї намекунї?
Духтарчаи 1  Не. Очам гуфт, ки бо њар каси бегона бозї накунем. 
Лайлї. Оњњо… (Ба як тараф). Аз њилаи ман бохабар шудаанд.
Духтарчаи 1 Ба магазин ќандакхарї меравам.
Лайлї. Ман њам ќандак мехоњам. Рафтем, њамроњ  мехарем.
Дуртар ба љойи камодам мебарад. Доду ѓиреви духтарча мебарояд.
Духтарчаи 1 Гўшворама те! Гўшворама нагир!  Очам љанг мекунад!

Лайлї дар даст гўшвора меояд, зуд либоси болояшро дигар карда меравад. Ѓалоѓулаи одамон.
Милисионер омада сўњбат мекунад.
Милисионер. Кї буд? Чї хел буд?
Духтарчаи 1. Ќадбаланд, куртаи сурхи дароз дошт. Мўяш сиёњ.
Милисионер. Куљо рафт?
Духтарчаи 1. Ана он тараф гурехт.
Милисионер. «Услубаш» ба дигарњо монанд не.  Ин кори ягон духтарча. Боз пайдо шавад, ба ман хабар дињед.

Намоиши 4.

Кўча. Муаллима ва Лайлї.
Муаллима. Лайлї, мактабро тарк накун. Ту бояд хонї ва роњи дурустро пеш гирї. Аз фољиаи модарат андеша кун, ин њам як сабаќ аст.
Лайлї. Ман ба хонаи холаам меравам. Дар мактаби он љо мехонам. 
Муаллима. Хонаи холаат дур нест. Роњбарияти мактаб ќарор дод, ки туро ба олимпиадаи љумњуриявї мефиристад.
Лайлї. Дар мактаби худамон шарм медорам. Њама бо ангушт ба ман ишора карда, модараш љинояткор мегўянд.
Муаллима. Сарвари давлат санади авфи умумро имзо кард. Мувофиќи он модарат тамоман озод шуда меояд.
Лайлї. Очаи мана «Таѓо»  халос мекунанд.
Муаллима. Ба ў бовар накун. Давлат аввал њама занњоро аз мањбас љавоб медињад. Баъди чанд ваќт њама фаромўш мекунанд.
Лайлї. Ќонуни авф? Ња-а… дар телевизор гуфтанд…
Маллима. Ба мактаб баргард ва аз њар хел «таѓо» эњтиёт шав, ягон супориши махфї дињад, иљро накун, то хатои модаратро такрор накунї.
Муаллима рафт. Лайлї дар андеша.
Лайлї. «Таѓо» дурўѓ мегўяд. Модарам бо ќонуни авф озод шуданд. Лекин ман бояд гўшвораи сењрнокама ёфта гирам. Гўшвораи ман бояд дар гўши ягон хоњарзодаи ин «таѓо» бошад…

Як гўшаи њавлї. «Таѓо» гирди Лайлї давр мезананд.
«Таѓо».  Биё! Пул мехоњї? Телефон мехоњї? Диплом мехоњї?
Лайлї. Не…
«Таѓо».  Ња, ту дар ѓами очет. Айби худаш, эњтиёт накард. Ба маслињати ман гўш надод. Зиќ нашав. Худам халос мекунам.
Лайлї. Мегўянд, ки гўшвораи ман аз бибиам мерос монда будааст, аз њама баду бало халос мекардааст.
«Таѓо». Гўшвора љоду нест, вале балогардони суду милиса аст. Ман пора дода, очета озод мекунам. Поям кўтоњ бошад њам, дастам дароз.
Лайлї. Мегўянд, ки онро шумо… дидаед…
«Таѓо». Э, ман њар як гўшвору дасмона дидам, ки… Хайр, боз як некї мекунам: ан ин «бор»-ака гиру то автовокзал бар.
Лайлї. Намедонам чї кор кунам...

Наврасон ва муаллима мехонанд.
Њама.
Тани одамї шариф аст ба љони одамият,
На њамин либоси зебост нишони одамият.
Агар одамї ба чашм асту дањону гўшу бинї,
Чї миёни наќши девору миёни одамият?
Хўру хобу хашму шањват шаѓаб асту љањлу зулмат,
Њаявон хабар надорад зи љањони одамият.
Ба њаќиќат одамї бош, вагарна мурѓ бошад,
Ки њамон сухан бигўяд ба забони одамият. (Саъдї).

Лайло борро  назди таѓо гузошта меравад. Таѓо дар њайрат.

Намоиши 5.

Гўшаи мактаб, назди њавлии баландошёна.

Азиз ва Љовид меоянд.
Азиз. Дар њама љо шпион. Њаминља хуб.
Љовид. Ту чї мехоњї? 
Азиз. Ту барои чї дари синфи моро кушодї!?
Љовид. Уф… Хостам бинам, ки Шамсия њаст, ё не?
Азиз. Шамсия?! Ба вай чї кор дорї?
Љовид. Кори ту чї? Вай духтари холаи ман.
Азиз. Ту ранги девонаї. Шамсия набуд, ту ба Ањлия гап додї!
Љовид. Хай, мебахшї, дафтару китобам дар дасти вай буд….
Азиз. Њай гап мезанї!
Љовид. Ту чї дард дорї?
Азиз. Гап дорї - гап зан! Ќатї мардако мардак барин гап зан. Ту медонї ман бачаи кї? -  раиси мањалла.
Љовид. Падари ман њам раис.
Азиз. Медонї, амаки ман кї – прокурор.
Љовид. Амаки ман судя!
Азиз. Таѓои ман полковник!
Љовид. Таѓои ман генерал!
Азиз. Лекин дар ин мактаб ман генерал!
Љовид. Хайр, фањмидам. Ман гап надорам. Узр. Биё оштї.
Азиз. Ана, ин гапи дигар... (Зери манањи Љовид мезанад).
Љовид. Оњ, девона. Љоѓама шикастї.
Азиз. Баъд наѓз мешавад. 
Муаллима меояд.
Муаллима. Тинљї њаст, бачањо?
Њарду. Тинљї, муаллима.
Муаллима. Чаро ранги рўят паридагї?
Љовид. Камтар таб дорам.
Муаллима. Ба назди духтури мактаб даро. Зуком нашуда бошї?
Љовид. Хуб, муаллима.
Муаллима рафт.
Азиз. Ту худата гум кун.
Љовид. Аниќ, љоѓама шикастї. Духтур меравам.
Азиз. Шутури сафеда дидї?
Љовид. Нне…
Лайлї меояд.
Азиз. Эњња, як гўсолача меояд. Пеши духтур меравї, пеши холат меравї, ихтиёрат. Фаќт зудтар дафъ шав. Ин моли ман…
Љовид. Ман роњ гашта наметонам. Сарам чарх мезанад.
Азиз. Э, гум кун худата…
Љовид ўро тела дода, аз сањна дур мекунад.
Азиз. Эњње, ним соат дер кардї!
Лайлї. Вий! (Ба як тараф) Дар пайи ман афтода бошад?
Азиз (бо њазл). Ба мулоќот дер омадї…
Лайлї. Ња… То дарс тайёр кардам, ки дер шуд.
Азиз. Минбаъд ман дарсата тайёр мекунам. Ман – аълочї Азиз.
Лайлї. Ман Рўзигул. 
Азиз. Оњ, Рўзии ман. Кош очам аборт мекарду туро намедидам…
Милисионер ба онњло як назар карда меравад.
Лайлї (ба як тараф). Маро мекованд. Наѓз, ки ин «њайвонча» пайдо шуд. Аз ин љо зудтар рафтан даркор.
Азиз. Чаро ба њар тараф нигоњ мекунї? Кавалерата интизорї?
Лайлї. Биё, онтарафтар равем. Очам бинанд, љанг мекунанд.
Азиз. Дар аќли расоят садќа. Рафтем. Ту дар куљо мехонї?
Лайлї. Дар литсей. Имсол тамом мекунам.
Азиз. Ба донишгоњ худам дохил мекунам.
Лайлї (ба як тараф). Аз ин «љин-љони» чї хел халос шавам?
Азиз. Раќами телефоната гўй.
Лайлї. (Чанд раќамро номбар мекунад). 90 91 92…
Азиз. Рањмат. Яхмос харам? Ана вай мошини ман.
Лайлї. Рафта биёр. Ман дар ин љо меистам. Боз ягон кас набинад.
Азиз. Офарин. Каллаи ту наѓз кор мекунад. Ман рафтам. (Рафт).
Лайлї гузошта меравад.
Лайлї (муяшро тит карда, курткаашро пўшида, ба чашм айнак мегузорад).  Ман бояд гўшвораи меросиро ёфта гирам. (Меравад)
Азиз дар даст яхмос омада, Лайлиро нашинохт.
Азиз. Розигул… Эњ, мебахшї… Рўзии ман куљо шуд? (Меравад).
   
Намоиши 7.

Гўшаи пеши бинои истиќоматї. Духтарчаи 2 ва Лайлї.

Духтарчаи 2. Ман «качелик» мехоњам. Инњо намемонанд. Гўй, ки ман њам савор шавам.
Лайлї. Биё, аз хонаи холаам банд оварда, арѓунчак месозему њељ каса намемонем. Рафтем. Хонаи холаат дар он бино.
Духтарчаи 2. Майлаш.
Лайлї кўдакро дуртар мебарад.
Лайлї. Гўшворањоро барои арѓамчин ба холаам кафолат медињем. Бозиро, ки тамом кардем, бандро бурда медињему гўшворамона мегирем.
Зуд гўшворањои духтарчаро гирифта меравад.
Духтарчаи 2. Э, куљо рафтї? Гўшвораи мана те. Очам љанг мекунад
Лайлї фирор намуд. Кўдак гиря мекунад. Овози калонсолон.
-Доред дуздро!
-Кї буд? Чї хел буд?
-Як духтар, майкааш сиёњ, мўяш сиёњи … Он тараф гурехт.

Гўшаи дигар. Лайлї бо тарс меояд. Ногоњ аз пешаш Азиз баромад.
Азиз. Ња, дурўѓгўй! Ба дастам афтодї?
Лайлї. Дурўѓ нагуфтам. Дадаам аз пешам гузаштанд, пинњон шудам. Њоло худам ба кофтани ту омадам…
Азиз. Пас, меравем? Мошин дар ин тараф.
Лайлї. Мисли он кинои франсузии «Таксї» тез ронда метавонї?
Азиз. Мисли тир меравам! Куљо барам?
Лайлї. Яхмоси бамазза мехоњам. 
Азиз. Ба маркази савдою истироњати «Дўстї». Рафтем!
Мераванд. Овози равон шудани мошин.Милисионер меояд.
Милисионер. Ѓайб зад. Вай танњо нест…

Намоиши 9.

Даромадгоњи маркази савдои «Дўстї». Мусиќї. Лайлову Азиз меоянд.
Азиз. Ана ин љо «Дўстї». Њама чиз дорад.
Лайло. Ин љо тарабхона. Ман метарсам.
Азиз. Ту акнун калон шудї, натарс.
Љовид низ меояд.
Љовид. Эњ-ња, арўсат «гарени» будааст-ку…
Азиз (чашмак зада). Кори худата кун, мо яхмосхўрї омадем.
Лайлї (ба як тараф). «Арўс»? Азиз, ту маро куљо овардї?
Азиз. Яхмосхўрї. Ин љо хонаи ишќи мо. Хушбахт мешавем…
Лайлї. Ба худо, ки ман гапи туро намефањмам.
Азиз. Ту чї будани ишќро намедонї?
Лайлї. Не-не.
Азиз. Ман муаллими ишќи ту. Мисли кинои њиндї мешавем.
Лайлї. Ин љо одам бисёр. Ягон шинос бинад, хуб намешавад.
Азиз. Рост-у… мо калон шудем. Рафтем…
Лайлї. Ту яхмос гир, дар ягон љойи беодам мехўрем.
Азиз. Шуд. Боѓи Ѓалаба меравем. (Аз кисаи курткааш  пул гирифта онро ба Лайлї медињад). Ина дошта ист, њозир меоям. (Меравад).
Лайлї (ба худ). Чашмонаш бељо. Ваќти сухан гуфтан лабњояш меларзад. Аз барф гурехта бо борон дучор шудам?
Шамсия меояд.
Шамсия. Лайло! Ту њам инљої? Маладес! Ту кай сар кардї?
Лайлї (шарм дошта). Ин љо яхмос будааст…
Шамсия. Њамааш аз яхмос сар мешавад! Туро кї овард?
Лайлї. Азиз.
Шамсия. Њм… Мана аввал ў фиреб дод…
Лайлї. Ту мастї?
Шамсия. «Ин љо хонаи ишќ, мисли кинои њиндї мешавем» гуфт?
Лайлї. Шўхї мекунад…
Шамсия. Оќибати ин шўхї «кидат» аст. Њоло сар накардї, гурез!
Љовид меояд.
Љовид. Шамсия… Эњња, ин «гўсолача» дугонаи ту аст?
Шамсия. Худата гум кун, ин арўси Азиз…
Љовид. Аз они Азиз буд, аз они ман мешавад…
Шамсия. Нагузарон, Љовид.
Љовид (визиткаашро медињад). Номери мана гир, занг зан…
Шамсия. Рафтем…
Љовид. Азиз туро кидат мекунад. Њар њафта наваша меёбем…
Шамсия. Ин мусиќии ман. Рафтем. (Кашола карда мебарад).
Лайлї. Худоё, ман ба куљо омадам? Ин дева љазо додан даркор. Чї дорад? Пул. (Мегирад). Чизи даркорї. Куљо шуд вай? Њо ана…
Азиз дар даст яхмосу кола меояд. Лайлї телефонашро мегирад.
Азиз. Дилаша ёфтам, бе навбат дод. Колая гир.
Лайлї. Хап! Дадам… Дугонаи касалама хабаргирї омадам… Хуб.   
Азиз. Тинљї?
Лайлї. Дадам маро бо мошин интизоранд. Ман рафтам.
Азиз. И-и-и… Пагоњ, албатта, вомехўрем?
Лайлї. Ња. То дидана. (Рафт).
Азиз. Эњ, Худо доду… аз даст рафт. Дур намеравад… (Курткаро пўшида чизеро эњсос карда ба кисааш даст бурд). Не-е!  200 сомонї рафт! (Бо телефона раќам мечинад). Рўзигул, гир телефона! Уф… «Муштарии даъватшаванда машѓул аст»! Аљалат наздик шуд, «муштарї»! Њоло ист…

Шамсия ва Љовид љанљолкунон меоянд.
Шамсия. Ќањрама овардї. Меравам.
Љовид. Туро овардам, ки майишат куниву маишат кунам…
Азиз онњоро дида, мушт гирењ кард.
Азиз. Эњња, Шамсия! Љовид, туї!? Ту медонї, ин кї?
Љовид. Ња! Аз ту буд, аз ман шуд.
Шамсия. Бас кунед, ман аз њељ кадоми шумо не. Одами озадам.
Азиз. Э, ман ба ту нишон медињам «одами озод»-а!
Љовид. Э, худата гум кун!
Азиз. Дафъ шав!
Љовид. Ба арўси ман нарас!
Азиз. Ана ба ту! (Муштзанї мекунанд).
Шамсия (байн медарояд). Бас кунед! (Аз  мушти яке меафтад).
Њуштаки  милитсия. Њазратов омада онњоро људо мекунад
Милисионер. Ман лейтенант Њазратов. Ту Азиз Љалолзода њастї?
Азиз. Э, медонї, ман бачаи кї? Раиси мањалла! Амакам  прокурор. Таѓоям полковник!
Милисионер. Боз бењтар. Мефањмонад, ки шикастани љоѓи Љовид Ќодир љиноят аст…
Азиз. Э, њозир нисбат ба худам љиноят карданд! – Як духтар 1500 сомонї пулама дуздид!
Милисионер. Воќеа чї хел шуд? Чаро дар ин љо?
Азиз. Э, ман вая аз мактаб бо мошин овардам, ки яхмос харида дињам. Вай бошад, пули мана гирифта гурехт.
Милисионер. Духтара аз мањаллаи 61-ум овардї?
Азиз. Ња…
Милисонер. Нишонањои духтаракро бигўй.
Азиз. Сафедрўй, ќадаш иќа. Майкааш сурх… 16-17-сола.
Милисионер. Њамчун шоњид ва њам гунањгор бо ман меравї.
Мераванд.

Намоиши 11.
Рўйи њавлии бино. Модари аз мањбас озодшуда меояд.
Модар. Ман омадам, бачем…
Лайлї Оча-а-а-а!
Модар. Ман бояд туро бояд ба њамаи орзуњоят расонам…
(Мењрубонї мекунанд).
Лайлї. Оча, росташро гўед, шуморо «таѓо» халос кард?
Модар. Гўри таѓо дар гирад. Маро бо Ќонуни авфи Президент озод карданд. Бадбахтии ман аз таѓо. Гирд вай тоб нахўр.
Лайлї. Барои чї сирри ўро ба Милисионер нагуфтед?
Модар. Исбот карда наметавонам. Бало ба пасаш. Рафтем…
Мераванд.

Намоиши 12.

Дар як гўшаи њавлї зери дарахт «Таѓо»  нишастааст. Лайлї меояд.

Лайлї. Гўед, ки ба модари ман чї шуд?
«Таѓо».  Айби худаш. Ту ин бора гиру рав, нонпулї мешавад.
Лайлї. Не.
«Таѓо».  Ихтиёрат. Аз ман чї мехоњї?
Лайлї. Очаи ман аз дасти шумо њабс шуд. Вале барои чї шумо њабс намешавед?
«Таѓо». Ман очаи туро тамоман намешиносам. Ту худат кї?
Лайлї. «Таѓо», ба шумо чї шуд?!
Љовид њамроњи Милисионер назди «Таѓо»  меоянд.
 «Таѓо». Имрўз чї рўзи касофатаст, ки бало аз паси бало меояд?
Милисионер. Хоњиш мекунам, ки њама дар њамин љой истад.
Љовид (ба Милисионер). Ин кас устоди ман - «Таѓо».  Ман барои њамин кас тилловорї харида арзон медодам, пул – пули њамин кас буд.
Милисионер. Ин љавон рост мегўяд?
«Таѓо».  Ин йигита бори аввал мебинам. Ё девона аст, ё бангї.
Милисионер. Мо бояд хонаи шуморо тафтиш кунем.
«Таѓо».  Ман каси дастнорас: њуљљат дорам.   
Милисионер. Мо аз суд санксия дорем.
«Таѓо».  Њељ чиз наёбед, ман аз болои шумо арз мекунам. 
Милисионер. Бори дигар фикр кун, Љовид.
Љовид. Ё худам гўшворањоро дуздида медодам, ё дар бозор тилловории дуздиро аз бачањо арзон харида медодам.
Лайлї (ба як тараф). Пас, гўшвораи ман дар дасти ин аст.
«Таѓо».  Ин дуздбача будааст, бурда њабс кунед.
Љовид. Ман шуморо маъюб гуфта, рањмам меомад…
«Таѓо» (бе асо роњ мегардад). Ман на маъюбам, на бечора.
Љовид. Воњ! Ман хобам, ё бедор!?
«Таѓо». Пул мехоњї, бача? Биё! Лайлї. Биё!
Лайлї. Не-е-е-е-е!!! Њамаро ту бадбахт кардї!
Раќсу мусиќї ногоњ ќатъ мешавад. «Таѓо»  боз асо ба даст мегирад.
Милисионер. Кифоя. Ба шўъба меравем.
«Таѓо». Як саёњатча – да… Рафтем.
Милисионер. Ту њам биё Лайлї. Сирри гўшворањота мегўї.
Модараш меояд.
Модар. Ба ту чї шуд, духтарам?
Милисионер. Шумо њам биёед. Дар њузури шумо сўњбат мекунем. Духтаратон дар як силсила љиноят гумонбар шудааст.
Модар. Худоё…
Мераванд.

Намоиши 12.

Шўъбаи милитсия. Милисионер, Лайлї њамроњи модараш нишастаанд.
Лайлї. Модарам гуфтанд, ки гўшвори меросии бибиам тўмори балогардон буд. Онро аз гўши ман дуздида буданд. Аз гуфтаи њамсояњо вай бояд дар дасти ягон љияни «Таѓо» бошад. Ваќте модарам ба мањбас афтоданд, хостам он гўшвораи балогардони бибиамро ёфта гирам, то ки модарамро аз мањбас халос кунам. 
Милисионер. Ту медонї, ин љавобгарии љиноятї дорад?
Лайлї. Не. Ман фаќат хостам гўшвораи худамро ёфта гирам.
Милисионер. Аз кисаи Азиз Љалолзода барои чї пул дуздидї?
Лайлї. Вай мана бо фиреб ба љойи бад бурд, ќасос гирифтам.
Милисионер. Барои чунин ќасос љазои сахттар њаст.
Модар. Духтари 14 –соларо ба љавобгарии љиноятї мекашанд? 
Милисионер. Мувофиќи моддаи 87 КЉ , ба ноболиѓе, ки бори аввал љинояти дараљаи миёна содир намудааст, љазои мањрум сохтан аз озодї таъин карда намешавад. Аммо Лайлї њафт бор љиноят содир кардааст.
Модар. Љарима бошад, чї ќадар мешавад?
Милисонер. Њар хел. то дусад нишондињанда барои њисобњ.
Модар. Илоњї, барака ёбед, ман мањбасро дидам, душманам набинад. Ман кўшиш мекунам, ки Лайлиљонро аз роњи бад гардонам.
Милисонер. Ба волидони духтарчањо чї посух медињед?
Модар. Ман зарари ба онњо расидаро пурра барќарор мекунам.
Милисионер. Њадафи мо љазодињї нест, пешгирии љиноят аст.
Модар. Хатои ман буд, ки фаќат пулро боло гузоштам. Ман кафолат медињам, ки тарбияи духтарамро дуруст ба роњ мемонам.
Милисионер. Шумо кафолат медињед, ки то баррасии парванда Лайлиро аз љинояти нав нигоњ медоред?
Модар. Албатта. Њељ бовар намекунам, ки духтараки ман…
Милисионер. Хуб. Бо назардошти он, ки ту ваќти содир кардани љинояти дуздї 13-сола будї ва он замон модарат дар мањбас буд ва бо кафолати имрўзаи модар туро аз љавобгарї озод мекунем. Вале дон, њар як њаракати љинояткоронаи ту аз љониби ќонун сахт мањкум мешавад. Њоло бо модарат ба хона рав, тавба бикун ва ба мактаб баргард. Барои ба мактаб нарафтан модарат ба љавобгарї кашида мешавад.
Лайлї. Ташаккур.
Модар. Њазор рањмат, писарам. Хока гирї, зар шавад.  (Мераванд).
Лайлї. Ман китобњома аз хонаи апаам меорам.
Модар. Њамроњ меравем.
Лайлї. Не, шумо ташвиш накашед.
Модар. Лайло…
Лайлї. Хона рафта, якта ош пазед.  Ман њозир меоям. (Меравад).
Модар. Кошки… (Меравад).

Намоиши 14.

Тањхона. Оњани тирезачаро ќат карда, Лайлї меояд.
Лайлї. «Таѓо» аз дасти милитсия халос шуд, зеро ки нињонхонаи ўро ёфта натавонистанд. Ман бояд исбот кунам, ки маќсади ман дигар аст…
Аз љевон ќуттичаеро мегирад, кушодан мехоњад. Намешавад.  Бо сўзан тоб медињад. Маводи дохилашро ба замин мепартояд.
Лайлї. Ин чист? Хокаи сафед… Шояд героин бошад, ки дар борааш бисёр њарф мезаданд. Хазина дар ин љо будааст… Оњњо, њалќањои тилло, дастмона, гўшворњо. Нињонхонаи «таѓо» дар ин љост, вале ягон кас ёфта наметавонанд. (Љуфти гўшворро мебинад). Ёфтам! Ана, ин… гўшвори… панљарагулчини бибиам… Эњ, таѓо, таѓо…
Нишаста, гиря мекунад. Милисионер ва «Таѓо» меоянд.
Милисионер. Њамроњ тањхонаро аз назар мегузаронем.
Таѓо. Сад сол боз дараша накушода будам.
Милисионер. Ба њар њол, њама сандуќчањоро кушоед.
Таѓо. Уф…
Милисионер. И-е, Лайлї?! Чї тавр ба ин љо афтодї?!
Таѓо. Барои дуздї даромадааст. Доред ўро!
Милисионер. Як соат пеш ќасам хўрдї, ки дигар љиноят намекунї. Модарат кафолат дода буд, ки туро аз роњи бад мегардонад!?
Лайлї. Ман гўшворањома гум карда будам. «Таѓо» дуздида будааст. Ана ин гўшворањои панљарагулчини ман.
Милисионер. Ту бемори «гўшвораи тилло» шудї?
Лайлї. Ммм… Шумо ана ин чизро мекофтед?
Милисонер. Ња… рост.
Лайлї. Агар њамкории ман зарур бошад, нигоњ кунед, дар ин љо чист? Њељ кас љойи пинњонии нашъаи «таѓо»-ро ёфта наметавонист.
Таѓо. Дурўѓ. Ин моли ман не. Ина худаш партофтааст.
Милисионер. Ту ба ин бори сафед даст расондаї?
Лайлї. Не.
Милисионер (бо ратсия сухан мегўяд). Рафиќ сардор, тахмини мо дуруст баромад. Мутахассисонро фиристед.
Таѓо. Ба ин љойи танг овардани одами бисёр чї даркор? бењтараш биё, «мамла» кунем: 500 доллар медињаму ту шутури сафеда надидї.
Милисионер. Шумо чињо мегўед?!
Таѓо. 800-та… 1000-та…
Милисионер. Барои ришва додан  љазои дигар њаст.
Таѓо. Набошад, як… калтаки сазовор.
Ба сари милисионер бо асояш зарба мезанад. Милисионер афтода, як муддат бењуш мегардад.Таѓо гурехтан мехоњад, Лайлї пешпо медињад, Таѓо бо асо мезанад, Лайлї худро рањо мекунад. Лайлиро чапгир карда, бо асо буѓї мекунад. Милисионер њушёр шуда, таѓоро дур мекунад.
Милисионер. Кифоя! (Кишан мезанад).
 «Таѓо». Аз дастат њељ кор намеояд. Лекин ту несту нобуд мешавї!
Лайлї (ба милисонер). Ташаккур.
Милисионер (дар њоли ногувор). Ба ту њам ташаккур. Вале њардуи шумо дастгиршуда мањсуб мешавед. Ба шўъба меравем.
Садои мошини милитсия. Њарсе меравад.
   
Эпилог
Толори мактаб. Маљлиси умумї.

Муаллима. Ањмадов Њисорї сазовори медали тиллои олимпиадаи љумњуриявї аз фанни химия шуд. Вазорати маорифи љумњурї барои дохил шудан ба Донишгоњи миллї ба ў роњхат дод. (Кафкўбї. “Офарин”). Барои ширкати фаъолона дар мусобиќаи ихтироъкорони љавон ба хонандаи синфи 10-ум Азизуллоев Остон як нотбук тўњфа дода мешавад. (Кафкўбї. “Офарин”). Барои ширкати фаъолона дар олимпиадањои фаннї, хониши хуб ва рафтори намунавї, ёздањ нафар бо стипендияи Президентї - моње сад сомонї мукофотонида шуданд. (Кафкўбї.). Каримов Орзу дар озмуни байналмилалї сазовори медали тилло шуда, барои тањсил ба Донишгоњи Ню-Йорк роњхат гирифт. (Кафкўбї). Вале панљ панља баробар нест. Њоло сухан ба сардори шуъбаи минтаќавии ВКД лейтенанти калон Њазратов.
Њазратов. Нисбат ба якчанд хонандаи мактаб бо њукми суд љазо пешбинї шудааст: Нурализода Фаррух барои бо роњи кам чен карда фиреб додан; Ањмадов Љовид барои интиќоли ѓайриќонунии маводи мухаддир; ноболиѓ Азиз Љамолзода барои дуздї љазо гирифтанд. Нисбат ба кирдори Аъзамов Сабур бо унвони “Таѓо”, ки бисёр ноболиѓон ба доми фиреби ў афтодаанд, Парвандаи љиноятї оѓоз карда шуд.
Лайлии мањзунро меоранд.
Ин духтаракро шумо мешиносед. Суд ноболиѓ Давлатова Лайлиро бо моддањои 244 ќисми 4 банди «б», 248 ќисми 2 банди «а,б,в” барои маљмўи љиноятњо ба мўњлати панљ солу шаш моњ аз озодї мањрум сохт. љазо таъин карда шавад.
Вале бо назардошти пушаймонии самимї ва њамкорї бо маќомоти њифзи њуќуќ, љасорати шахсї љињати боздошти љинояткор Аъзамов Сабур бо унвони “Таѓо”, бо кафолати маъмурият ва муаллимони мактаб суд чунин њукм кард: бо дастрасии моддаи 67 ќисмњои 1,3 Кодекси љиноятї љазои нињої нисбат ба Ноболиѓ Давлатова Лайлї кам карда шуда, ба  мўњлати шаш моњ иљро кардани корњо љазо таъин карда шавад.
Лайлї (бо чењраи мањзун). Ташаккур. Ман пушаймонам. Вале ман албатта ислоњ мешавам. Маро танњо нагузоред.
Муаллима. Ноумед нашав, Лайлї! “Таѓо” туро бероња кард, ту ба роњи хато рафтї. Вале мо туро танњо намегузорем. Медали тиллои олимпиада туро интизор аст. 
Њама. Бо мо биё, Лайлї!
Нахуст аз касби дониш бањравар шав,
Зи љањлободи нодонї бадар шав!
Дар талаби илм камар чуст кун,
Даст зи ашѓоли дигар суст кун.
Зи дониш шавад кори гетї ба соз,
Зи бедонишї кор гардад дароз.
Дилатро ба донишварї дор хуш,
Чу донистї, он гоњ дар кор кўш!          


Рецензии