Энигма - муаммо драма

Љумъа ЌУДДУС


«ЭНИГМА» - МУАММО

драма

Душанбе 2022

Иштироккунандагон:

Шифо - Модар бо писари бемори бе суханаш.
Доктор Рауф Ќандї.
Мањваш – нобино, фол мекушояд.
Гулчин – як дасту як пояш маълул аст. 
Љамол - шўху кордон, њарду пояш бе њаракат.
Ёѓибек – Шал.
Ѓозибек - як дасту як пояш камњаракат –
Ќозибек - тољир.   

Наќшхои фаръї дар сањнањои ёдоварї
Хола
Муаллима
Духтари хола
Бачањо
Маъюбон аз толор

Бо усули театри мустанад иншо гашта, тахия то њадди имкон заминї, ба зиндагї наздик карда мешавад.
Дар љараёни намоиш маълумоти мушаххас дар бораи маъюбони шањр ва минтаќа ворид карда мешавад.
Имконият њаст, ки аз толор маъюбон, шахсиятњои шинохтаи шањру минтаќа сухан гўянд.
Дар хотима масъулини бахши њифзи иљтимоии шањр, раёсати љамъияти маъюбони шањр метавонанд андешањои худро баён намуда, ба маъюбоне ки дар њаёти љамъиятї фаъоланд, туњфањои хотиравї дињанд.
















Пролог.

Сањна зимни мусиќии њузнангез торик мешавад. Тавассути чароѓи «мигалка» дар чанд гўшаи сањна аранге симои шахсони маълул равшан мегардад. Мусиќии њазин. Набзи дил.

Якумї. Худоё, дасту поям аз кор монд. Љонамро њам нагирифтї?
Садоњо. Бе даст… Бе даст… Бе даст… Маъюб… маъюб… маъюб…
Дувумї. Худоё, дунё торик аст! Ман дар биёбон танњоям!
Садоњо. Кўр… Кўр… Кўр… Маъюб… маъюб… маъюб…
Сеюмї. Худоё, љисмам бењаракат шуд, чаро љонамро намегирї?
Садоњо. Фалаљ… Фалаљ… Маъюб… маъюб…
Чорумї. Худоё, дустону ёронро чї шуд, ки аз ман дур шуданд?
Садоњо. Бе пой… Бе пой... Маъюб… Маъюб…
Шиква, мусиќї, нола. Сипас мусиќии хуш онро пахш мекунад.

Ба пешсањна дар аробачаи маъюбї Љамол меояд.
Љамол. Бас шикоят, бечоранолї, ѓаму андўњ! Салом, дўстон! Љамъияти «Энигма» - муаммо њамроњи шумост! 
Беморон рўњбаланд гашта, ќомат рост мекунанд.
Љамол. Офарин. Ќоматњо рост. Нафас мебарорем, нафас мегирем. Ба худ мегўем: дилам солим, танам - оњанї. Тавоноям байни тавоноњо!
Њама. Тавоноям байни тавоноњо!
Љамол. Ман худро хушбахт месозам!
Њама. Ман худро хушбахт месозам!
Љамол. Рўзи иди маъюбон муборак! Ман барои аробачањо ва коргоњ ба марказ меравам. Баъди пешин љамъ шавед.
Њама. Роњи сафед. Худо ёрат!
Љамол (бештар ба ањли толор). Мо шукр мегўем, ки њар субњ бо њазор умед аз хоб хеста, дар ойина назар карда, рўю мўйи худро ба тартиб меорем, омодаи кор мешавем. Вале дар шафати мо касоне њастанд, ки њатто дар оина ба худ назар карда наметавонанд, даст афшондан, нафас кашидан ба онњо дард меорад. Онњоро «имконияти љисмониаш мањдуд», «ниёзманд» аксаран «маъюб» меноманд. Сифат ва маънои њаёти онњо аз муносибати мо – бо муњаббат пазируфтан, ё рад кардани мо вобаста мебошад. Бовар дорем, ки шумо њам пас аз тамошои ин намоиш ба маъюбон бошафќат ва эњтиром назар мекунед. (Меравад).
 
Оѓози намоиш.
Њавлї дар кўњистон. Дар байн кат. Дар рост бинои навсохта.

Овоз аз радио.
Имрўз – рўзи байналмилалии касони имконияташон мањдуд мебошад. Дар љањон як миллиард нафар маъюб њастанд, ки 15 дарсади ањолиро ташкил медињанд, 10 дарсади онњо кўдаконанд. Дар Олмону Швейтсария барин кишварњои сарватманд низ беш аз як миллион нафарї маъюб њаст. Дар љумњурии мо 149 њазор нафар нафаќаи маъюбї мегиранд.
Имрўз бо супориши Раиси Њукумати Љумњурї ба њама нафарони маълул ёрии моддї расонда мешавад. Президент таъкид намуданд, ки шахсони имконияти љисмониашон мањдуд узви фаъоли љомеаи моянд.  Маќомоти њифзи њуќуќ, маориф ва тиб њуќуќњо ва саломатии шуморо њимоя мекунанд. Сарвари давлат њомии шумост.
Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 1 июли соли 2022 њаљми нафаќа барои маъюбони аз синни бачагї 20 дарсад, нафаќаи маъюбони гурўњи I ба андозаи 50 дарсад зиёд карда мешавад… (Мусиќї).

Шифо дар долони хона, дар сари писари бемораш дуо мехонад.
Шифо. Худоё, дар ќатори дигарон ба бачаяки ман њам шифо дењ. Худоё, доктор Ќандї-ро ба назди мо фирист. Фаќат ў ба писари ман шифо бахшида метавонад. Худоё, орзу дорам, ки писари ман аќаллан чанд сухан гуфта тавонад…
Рауф дар тан шорти, бо шохи бутта пешашро пинњон карда меояд.
Рауф. Ягон мард њаст? (Ба худ). Њавлї дарвоза надорад. (Шифо дуохониашро давом медињад). Мумкин? (Ба худ). Овозе мешунавам. Мебахшед, ягон мард њаст? 
Шифо. Биёед. Ман дар ин љо њам мардам, њам зан.
Рауф. Бубахшед…Ман дар як њолати ногувор…
Шифо. Шумо Ќозибек њастед? Тољир?
Рауф. Не, Ќозї не. Лекин умуман, тољир њам њастам…
Шифо. Биёед. Вий… Шумо… бе либос?!
Рауф. Бубахшед, барои њамин мард пурсидам. Њолам бад. Оби равонро дида, камтар оббозї кардам. Вале аз мастї ба ин сохил гузаштаам. Бинам, мошин рафтааст. Њама чизам дар мошин монд. Ягон шиму куртаи куњна медодед. То шом бармегардонам.
Шифо. Шумо маст! Луб-луччак…
Рауф. Илтимос, ёрї расонед. Њаќќи хизмататонро медињам.
Шифо. Овози мошин! Вий, Ќозибек меояд! Шумо дар ин њол?
Рауф. Шавњаратон? Ба ман проблема даркор нест…
Шифо. Гўш кунед, Инро гиред. (Аз айвон хилъате медињад). Халати занона-ю… Мешавад. Шумо дар ин оѓили холї истед.
Рауф. Хилъатро мепўшаму меравам.
Шифо. Не. Вай набояд шуморо дар ин њол бинад. Ба оѓил дароед. Ба бахти ман зомин нашавед. Дањ даќиќа, дераш ним соат сабр кунед.
Рауф. Хуб. Зомин намешавам. Уф… Ин чї муаммо буд? «Энигма».
Шифо. Гап назанед. (Ба долон меравад).
Рауф. Хуб. Зунук гирифтагї.
Шифо. Рањмат. (Даруни хонаи нимсохта медарояд).
Бо карру фар Ќозибек медарояд.
Ќозибек. Ана бињишти парии мо дар куљост. Њавлии биної.
Шифо. Биёед. Шумо Ќозибек? Дусти фейсбукї.
Ќозибек. Бале. Салом, Шифо-бону,
Шифо. Дар сурат андак дигар… Лекин шинохташаванда.
Ќозибек. Вале шумо аз сурат бењтар - парии ин љазира.
Шифо. Марњамат, ба хона дароед…
Ќозибек. Ман саросема. Пагоњ бо мулло омада бањузур мешинем.
Шифо. Оњњо… Зўр-ку…. Ба долон гузаред.
Ќозибек. Њавои тоза, таги дарахт маъќул. Шумо њам… Хона андак… «евро-ремонт» мекунем, зўр мешвад. Дар соњили дарё чойхона, ба љойи ин оѓил мењмонхона месозем. Ба хориљињо маъќул мешавад…
Шифо. Не, ѓавѓо чї лозим? Ба писарам оромї даркор.
Ќозибек. Аз ѓавѓо пул меояд. Ин њавлии хусуратон: суд шуморо ба хонаи шўятон маскун кард, онњо хонаи бобояшро доданд. Шумо пул надоред, ки инљаро обод кунед.  Писар доред-а. Гўед, йигит биёяд.
Шифо. Писарам дар долон, дар катча. Андак нотоб…
Ќозибек. Ња… (Дида дилсард мешавад). О-о, шашсола барин - ку?
Шифо. Калон шудааст. Бинед, «да-да» мегўяд. Шуморо. 
Ќозибек. Ин чї касалї дорад?
Шифо. Эээ, ааа, чї хел фањмонам?
Рауф (аз даруни оѓил; паст). ДЦП. Фалаљи сереброзоли бачањо.
Зан (ду-се маротиба атса мезанад). А-пшу! Аа-пшу! Мебахшед.
Ќозибек. Шумо њам касал… Ковид набошед?
Шифо. Не, атса аз гарди дарахт. (Мавзуъро дигар карда). Худаш нон мехўрад, аз дастаки аробача дошта, мехезад.
Ќозибек. Чаро ба падараш намедињед?
Шифо. Падараш маро таъна мезад, вале аз зани дигараш њам духтари маъюб ёфт. Авлодаш аз ин нанг карданд. Хост њарду кўдакро ба ятимхонаи маъюбон дињад. Ман розї нашудам. Зани дуюмашро маљбур кард, ки аз фарзанд даст кашад. Вай бемор шуд, талаб кард, ки духтарашро биёрад, ё љавобашро дињад. Ўро ба девонахона бурд. Баъд худаш ба Россия рафт. Дигар суроѓ накард.
Кўдакро (хўса) бардошта, рўи кўрпача мехобонад.
Ќозибек. Мушкил. Бачаи 12-соларо мисли кўдак мебардоред.
Шифо. Мушкил нест. Як бартарї дорад: доим дар наздам, хотирам љамъ. Ягон кори бад намекунад. Дарди бадтарин танњої. Чанд сол дар хиљолат будам. Аз њама метарсидам, ба маърака намерафтам. Нигоњњо, саволњои хунук диламро чок - чок мекарданд. Љамол ном љавони доно як созмон ташкил кард. Номаш «Энигма» – муаммо. Барои коргоњ дар теппањои дури нообод љо доданд, рафтуомадашон мушкил буд. Ман ин хонаи нимсохтаро додам. Ба њам одат кардем.
Ќозибек. Оќибати кор чї мешавад? Умратона хазон мекунед?
Шифо. Аз ояндаи писар хавотирам. Гоњо мегўям: «Ману ту бояд дар як рўз, дар як лањза мирем. Њоли ту бе ман чї мешавад? Умр мебинї, вале бе ман азоб мекашї. Умедљон бо нигоњи чашм сухан мегўяд! Аз тангшавии мушакњо нафас кашида њарф гуфтан барояш мушкил аст, вале чанд њарфро такрор кард: њамроњ мо намемирем. Мо мекўшем, ки акаллан бо асо роњ гашта тавонад... Марде мехоњам, ки ки моро фањмад, моро бовар кунонад, ки дар пеш рўзњои нек њаст.
Ќозибек (бо киноя). Пули табобаташро дињам?
Шифо. Ба мо пул не, умед лозим. Умедљон орзу дорад, тарроњи компютерї шавад. 
Ќозибек. Ин чизњоро мефањмад?
Шифо. Ња, фаќат љисмаш камњаракат, аќлу донишаш баланд.
Ќозибек. Аќлу дониш бошад, бо сухан ифода мекунад.
Шифо. Мушакњои гулўяш сахт шуда, дард намемонад гап занад... 
Ќозибек. Хайр, ваќтам кам. Баъд маслињат мекунем. (Меравад).
Шифо. Бо њамин достони ишќ тамом шуд. Падари худаш аз ў даст кашид, ба шумо бачаи бемор чї даркор? Аз санљиши аввал нагузаштед.

Рауф аз оѓил мебарояд.
Рауф. Нафањмидам, ки ба вай зан даркор, ё тиљорат дар ин њавлї?
Шифо. Шумо њам наѓз, ба љойи хап шиштан…   
Рауф. Бубахшед… ман… духтур, ба ёдам омаду...
Шифо. Пуф-ф… Баъди як шиша араќ кайњоннавард мешавед.
Рауф. Уф, ба ман бовар намекунед…
Овози љавону духтари наздикшудаистода.
Шифо. Эњ, омаданд. Шумо истед. Аз хонаи њамсоя либос меорам. Пўшида, баъд бароед. Шумо гўё духтур, Илтимос, ба оѓил.  (Меравад).
Рауф. Сињат-саломат ба хона расам, тўй медињам. «Энигма» чист?
Шифо. Љамъияти маъюбон: муаммои табиат. (Ба долон меравад)
Бањскунон Мањваш ва Ёѓибек меоянд. Рауф зуд ба оѓил медарояд.

Ёѓибек.Чї хел кам? Понздањ дона шумурда додам.
Мањваш. Кўрам, вале кар нестам. Шараќ-шараќи пул 14 бор садо дод. Бояд 15 бор садо медод.
Ёѓибек. Ана, аз нав њисоб мекунам. Як… ду… пондањта…
Мањваш. Якташа дубор њисоб кардї: овозаш дигар хел баромад…
Ёѓибек. Эњња… Ба ман бовар надорї-а?!
Мањваш. Ваќти моњона гирифтан ба кассир бовар макун,
Бар ќасамњои дурўѓи ришвагир бовар макун.
Буттаи худро зи аввал дор дар дастат ќавї,
Ваќти тангї ту ба ёри дастгир бовар макун.
Ёѓибек. Ин ба љойи рањмат гуфтан барои хизмат?
Мањваш. Њаќќи хизмат - мењри ман. Вале ту аз њоло фиреб мекунї?
Ёѓибек. Э, агар бовар накунї, тамом. Ишќ, орзуву умедњо тамом!
Мањваш. Эњња… Ягон калу кўри дигар ёфтї?
Ёѓибек. Якта не, дањта! Кўр њам не! кар њам не! Созаша.
Мањваш. Хай, нахоњї, маљбур намекунам. Дуои бахтата хонам?
Ёѓибек. Бо дуоят худата хушбахт соз. 
Мањваш. Уф… Гуфта будем, ки фаќат марг моро људо мекунад! Чаро имрўз људо мешавем? – Ё ту мурдї, ё ман?
Ёѓибек. Дилњои мо мурд.
Мањваш. Гуфта будї, ки мурам њам номат дар дилат мемонад.
Ёѓибек. Номатро аз дилам шуста партофтам.
Мањваш. Ёдамро чї? Ишќро чї? Њамаро пок карда метавонї?
Ёѓибек. Хостам шод кунам, вале ту аз Худо њам норозї. (Меравад).
Мањваш. Њоло ист, як гапамро шунав.
Ѓозибек омада суханњои охири Мањвашро мешунавад.
Ѓозибек. А-а?
Мањваш. Мењре, ки ба ту дорам, Лайлї надошт! Мешунавї?
Ѓозибек. Не-е…
Мањваш. Ту бо ман хушбахт нестї?
Ѓозибек (нимѓурма). Не-е…
Мањваш. Набошад, э, худо, љони маро гир! (Меравад). Худама ба дарё мепартоям! Аз пасам наё. Шунидани номам бароят орзу мешавад!
Ѓозибек. Он тараф љарии дарё, нарав!
Мањваш. … Вале хуни ман дар гардани ту. 
Ѓозибек. Э, э, эњ, ист! Аз ќафои вай меравад.
Шифо майкаву шими варзишї оварда аз тиреза мепартояд.
Шифо. Пўшеду бароед.
Рауф (мебарояд). Ташаккур. Лекин майда будааст.
Мањваш. Ин љо бозори «Корвон» не. Ба њаминаш шукр гўед.
Рауф. Рост. Рањмат. Метавонам писаратонро бинам?
Шифо. Лозим не.  Инњо куљо шуданд?
Рауф. Ба фикрам сахт љанг карданд, људо шуда рафтанд.
Шифо. Онњо мисли кўдак. Мисли љавонњои солим зуд рашк мекунанд. Њоло, ки онњо нестанд, равед.
Рауф. Ман баъди ягон соат меоям, либосатонро меорам.
Шифо. Лозим не. Садаќа кардам. Эњ, истед! Омаданд! Ба долон равед, гўё писари маро месанљед. Њарчанд ба шумо кї бовар мекунад?
Рауф. Хуб…
Њарду ба долон, назди кати бемор мераванд.
Гулчин меояд. Ѓозибекро аз дур дида њайрон мешавад.
Гулчин. А, бача, куљо рафтї? Ѓозї! Вий, дасти Мањваша ќапид! Ууу… кашола карда ин љо меорад. Хоин! (Пинњон шуда гўш мекунад).
Ѓозибек аз бозувони Мањваш кашола карда меорад.
Мањваш. Дилама шикастї! Дастат шикаста бод! Бирав, бевафо. Ишќи маро сўхтї, ишќи нават сўхта бод…
Ѓозибек. Ба дарё меафтї! Мешунавї?
Мањваш. Ман гунги хобидаву олам тамом кар,
Ман ољизам зи гуфтану халќ аз шуниданаш (Мавлавї)
Ѓозибек. Э, њоло њамааш хуб мешавад.
Мањваш. Эњња-а… Ман мемонам, ки бад шавад?
Як зумра дар ѓами пул, мо ишќ гуфта гаштем,
Мањруми олами пул, мо ишќ гуфта гаштем.
Њарчанд ѓайриимкон бо пул харидани ишќ,
Дил хун зи мотами ишќ, мо ишќ гуфта гаштем.
Ѓозибек. Ба ту чї шуд?
Мањваш. Ман аз танњої наметарсам! Одат кардам, вале бемењриат мекушад. Фаќат як бор гўй, ки маро бад намебинї.
Ѓозибек (њайрон). Не-е…
Мањваш. Як бўсаи кунї, бовар мекунам...
Ќозибек. Охир…
Мањваш. Ваъдањо дурўѓ аст! Тоби дурўѓ надорам! Рафтам ба дарё!
Ѓозибек пеши ўро мегирад.
Ѓозибек. Ист… (мебўсад). Э, ана-е…
Мањваш. Шукри худо, лахчаи ишќ мондааст, аммо чаро сард?
Ѓозибек. Охир ман … 
Гулчин тоќат накарда, аз паси бутта мебарояд.
Гулчин. Эхња! Хоин! Бевафо! Ана гап дар куљо! Бало будаї...
Ѓозибек. Э, исто! Сарама гаранг кардед!
Мањваш. Эй дўст, барои ту Љонона муборак бод!
Ў рафт, вале омад Марљона, муборак бод!
Њарчанд, ки Гулчин-љон шоњи дили ту буд, рафт,
Шоњаншањи дил омад - Мањваш, муборак бод!
Ѓозибек. Гулчин, ту... нафањмидї.
Гулчин. Бўса як маъно дорад: ишќ! Тўй! Ба тўйи Мањваш меоям.
Мањваш. Э, ман наёоом? Тўй кай?
Ѓозибек. Э, бас кунед-е...
Гулчин. Ман бас кунам, шумо сар кунед? “Ай бевафо, ай дуруѓгуй”.
Мањваш. Шумо барои чї љанљол мекунед?
Гулчин. Кўрї намебинї?! Э, ту ољиз-а. Чаро ошиќи ман туро бўсид?
Мањваш. Ошиќи ту не, аз худам? …
Гулчин. Кай боз?
Мањваш. Ќариб панљ сол мешавад.
Гулчин. Оњ, Ѓозї, панљ сол мана фиреб додї!?
Ѓозї. Туњмат…
Мањваш. Ѓозї не, Ёѓї.
Гулчин. Э, туро Ѓозї бўсид-е! Девонаи њот, Ёѓиат инљо нест.
Мањваш. Вий… Ана, барои чї сард буд. Ѓозї, чаро муччї кардї?
Ѓозї. Эъ… худат зорї кардї: «Набўсї, худама мекушам» гуфтї.
Гулчин. Хайр, шуд. Туро бахшидам ба дугонаам.
Ѓозибек. Э, ту девона шудї?
Гулчин. Девонатар аз мардуми девона агар њаст,
Љоно, ба Худо ман, ба Худо ман, ба Худо ман.
Ѓозї. Воњима кардї. Ду сол овора кардї?! Кидат разбор надорад?
Гулчин. Овора манам, ки аз ѓамот беморам,
Иш;и ту шудай, охир, балои ;онам.
Ман дар ѓаму ѓам дар ману ѓам шуд ёрам,
Валло ба худо ки ай ѓамот безорам....
Ѓозї. Ман њам безор. Гулваш нею Мањваш. Чї гуфтї?
Мањваш. Не. Ту аз ин монда, сифати ўро дар ман љуста намеёбї. Маро чун докаву дору истифода мебарї, баъд ба ахлот мепартої.
Ѓозї. Э, оќибат мана девона мекунед?!
Мањваш. Биё, оќибати туро фолат бинам, ошиќи чаќќон...
Ѓозї. Э, не...
Гулчин. Бин фолаша, бин.
Мањваш (ба пешонаи ў даст гузошта). Эхња... Уууу.... Ооооо...
Ѓозї (дањонаш воз гашта, бо њайрат). Чї оњо-оњооо мегўї?
Махваш. Эњња... Ба њар духтар мисли соњиби тайлоќ нигоњ накун. Вий... Дањона калон кушода наист, пашша тухм партояд, кирм мекунад. Ба ту фоида надорад. Оњњо... Мисли Салим пул кор кардана омўз. Хонаи дуошёна соз. Набошад, занат боз ќањр карда меравад…
Ѓозибек. Э, ман љиноят намекунам!
Гулчин. Фола нашикан, гўш кардана ёд гир.
Ѓозибек. Э, вай њоло дар мањбас. Занаш рафт. Ба ман пули њалол даркор! Ягонтаи шумо даркор не! (Меравад).
Мањваш. Аз санљиш гузаштї, аммо ба Ёѓибек баробар намешавї.
Гулчин Зўр будааст-ку… Агар омада, узр мепурсад, мебахшам.
Мањваш. Саросема нашав. Худованд накњат аз гул, нўш аз ангубин, гармї аз офтоб, тароват аз борон, шукуњ аз осмон, борандагї аз абр, равшанї аз субњ, зебої аз бањору хушилњомї аз андалебро љамъ оварда, занро офарид, равшании љањону дили одам шавад. Ќадрата дон!
Гулчин. Танњої дард аст. Ту чї, намебахшї Ёѓибеката?
Мањваш. Намедонам. Баъди 11- солагї нобино шудам. Чанд сол аз мардум дурї љустам. Модарам навмед шуда, аз рањму шафќат маро ба мактаб, хатто ба кўча баромадан намемонд. Маљбур мешуд худаш маро ба мактаб бурда меовард. Мегуфт: «Кўдаки ман чї хел аз роњ мегузарад, байни мардуми бадфеъл чї хел меравад»? Вале ман аз хона мегурехтам, борњо дар кўча гум шудам, махсусан дар зимистони сард аламовар буд. Бачањо маро масхара мекарданд, ба љойи роњро нишон додан, ба љўю љар равон мекарданд. Ман мегиристам, бачањо механдиданд.

Лавњаи ёдоварї сањнавї мешавад.
Духтарчаи нобино меояд, бачањои кўча бо истењзо роњ нишон медињанд:
Бачањо. – Ба ин тараф! - Ба чап! - Ба рост! - Саг омад!!!
Духтарча (афтода мегиряд). И-и-и, ба лой афтодам!
Бачањо (механданд). Дастата те. Аз љўй баро. Биё…
Аз дасташ гирифта, ба љўй тела медињанд. Механданд.
Ёѓибек омада, бачањоро меронад.
Ёѓибек. Э, бало занад шуморо. Убол аст! Гум шавед! Озор надињед!
Ў аз дасти духтар гирифта, ба роњи рост мебарад.

Мањваш. Ин њолатњо маљбур карданд, ки фаќат ба худам эътимод кунам… Њамин Ёѓибек маро чанд бор аз дасти бачањои шумталаќа халос мекард. Вале бовар кунонд, ки бояд байни мардум бошам. Пояш маъиб аст, дилаш рост. Дўсти љонї шуд… Вале акнун њамааш тамом.
Гулчин. Ту Ноз-ваш, вай Ноз-бек. Њарду ноз кунед, мешавад талоќ.

Шифо ва Рауф назди духтарон меоянд.
Шифо. Биёед, духтарњо. Ин кас духтур. Дигарњо куљоянд?
Гулчин. Њама њамин љо. Љамол дер мекунад.
Мањваш. Аз ќадаммонии вазнинаш маълум, ки Ёѓибеки ман аст.
Ёѓибек меояд.
Гулчин. Чї, зиќї? Ягон чизата гум кардї?
Ёѓибек. Дилама.
Гулчин. Ман диламро дар рањи ишќу вафо гум кардаам,
Дар масири зиндагї бас њам шикасте хўрдаам?
Ёѓибек. Ба њоли ман механдед?
Мањваш. Ханда бар лаб мезанем, то кас нафањмад њоли мо,
Варна ин дунё, ки мо дидем, љойи хандидан надошт.
Ёѓибек. Ба дил нагир, Мањваш. Дар маѓоза ба љойи се сомонии худам бист-сомонаи туро додам. Пулата гир. Ман рафтам. Тамоман.
Мањваш. Рав. Аз мард хотира мемонад, аз номард таљриба.
Гулчин. Ноз сар шуд, дугон? (Ишораи ўро дида). Не, рост-у…
Гулчин. Дугон, бењтараш давоми фолаша бин.
Мањваш. Бе фол маълум: рўзњое маънои њаётам будї, боли орзуям будї, ишќам будї. Њамаро шикастї. Бехабар, ки дили ту њам мешиканад! Бароят зиндагии хуше месохтам, ки аз њар гўша садои ишќ меомад. …
Ёѓибек. Медонам, вале афсўс…
Гулчин (бо истењзо). Э, мардак њамин хел гап мезанад?
Мањваш. Ягон майда намедонї. Гўй, туро чї хел аз хотирам берун кунам? Дар ишќ кўдакам. Кўдак туњфае гирад, њељ аз ёдаш намеравад. На садоят, на симоят аз ёдам намеравад.  Сирри фаромўш карданро бигў.
Ёѓибек. Ту пуша монї шудї?
Мањваш. Не, ин гапи Румайсо дар фейсбук. Њамту хондам. 
Ёѓибек. Ку бинам… Њељ чиз нест-ку. Оби чашм мекунї? Барои ман? 
Мањваш. Н-не-е, ба чашмам чанг даромад… Маљбурам бо эњсосам биљангам, ки ту роњат бошї. Маљбурам дигар дустат надорам... Ту гуноњ  надорї! Ман гунањгорам, ки туро дўст доштам!
Гулчин.  Мефањмї, дўстат медорад. Хап наист. Оштї гўй.
Ёѓибек (нобоварона). Хайр, оштї…
Њама. О-фа-рин! Оштї. Оштї.
Гулчин. Оњ, Ѓозибеки ман њам меояд. Булбулаки ин чї мехонад?
Шифо. Биё, муйњота ороста кунам. (Мўйњояшро ба тартиб меорад).
Ѓозибек меояд. Мушаввашхотир, сар аз телефон намебардорад.
Ѓозибек (сард). Салом.
Ёѓибек. Салом...
Гулчин. Олам тињї, тињї, Одам њама рањї.
Њар лањза сад хабар, Лекин на аз бењї. (Daryo Bonu)
Ѓозибек. Њар гоњ калиди бахтро ёфтам, рўзгор ќулфро иваз кард.
Гулчин. Вафо дар бозор мебуд, харида бароят туњфа мекардам.
Мањваш. Ту ноз куниву ёри ту ноз, Чун ноз ду шуд, талоќ хезад.
Гулчин. Њамааш айби ту шуду…
Мањваш. Гуфтам-ку хато кардам… (Ба Гулчин; оњиста). Хайр бас.
Гулчин. Макун кўр sms-амро, гуноњ аст.
Зи ќалби пур зи дардам он гувоњ аст.
Ѓозибек. Бароят ин sms охирин аст,
Намеёбї маро дигар аз ин пас.
Мањваш. Бас, ошиќњо. Ишќ – гул аст, ки аз мењр шукуфон аст, на аз селу раъду барќ. Ќањру ѓазаб ишќро мекушад. Ошти-а, Гули?
Гулчин. Хуб. Ба хотири шумо. Вале дигар њељ касро набўсад.
Њама. Тамом. Оштї….
Телефони Гулчин садо медињад.
Гулчин. Лаббай. Нашинохтам (Садои телефонро баланд мекунад).
Имкон бошад, дар як гўша духтархола пайдо мешавад.
Овози зан. Илоњї, туро њафт пушти сарам нашиносад. Акаи маро љоду накун. Ба умед нашав, ки ба хонаи мо келин шуда меої! 
Гулчин. Нафањмидам. Ту кї?
Овози зан. Ман Бизуњро, духтари холаи Ѓозибек. Ба умед нашав.
Гулчин. Мо фаќат дўст, њазл мекунем.
Овози зан. Ру-та си-ёњ на-кун. Гапњота аз телефонаш хондам.
Гулчин. Ин шеърњои Анисаву Румайсо. Бо ин шўхї мекунем.
Овози зан. Оќибати шўхї - шиками дам, тифли маъюб! - Дарди сари мо! Як бадбахта ба пой мондем, бас.
Гулчин. Эњ, худо… Ин чї туњмат?!
Мањваш. Аз ду маъюб кўдаки солим њам таваллуд мешавад. Энигма – ин як муаммост.
Овози зан. Ба дугонаи кўрат гўй, ки љоду накунад. Фоида надорад.  Як духтари соќ келини мо мешавад. Аз келини маъюб алњазар!
Гулчин. Худо бахт дињад(алоќаро ќатъ карда). Худоё, ман чї гуноњ дорам? Фаќат он, ки маъюбам?
Ѓозибек (њайрон), Худоё, ин чї гап? (Телефони худро фаъол месозад).
Гулчин. Дилам аз дард кайњо санг гаштааст, вале ин туњмат сангро њам мешиканад. (Дору менўшад).
Ѓозибек. Зуњро, ту ба ман алейката њайф мешуморї, чаро «ѓамхор» шудї? Ба Гулчин сухани бад нагўй. Ман дигар ба хона намеравам!
Гулчин. Ту озодї, бирав пеши духтари холаат…
Ѓозибек. Уф… Њар ваќт беилољ монам, дарди деринам ба ёд меояд гўё аз нав маъюб мешавам: њамсолонам давида роњ мерафтанд, ман бо шикам мехазидам. Модарамназди чанд духтур мебурд. Яктааш бо чанд кўдаки бемор маро дар як њуљра гузошта, аз тиреза назорат кард.

Лавњаи ёдоварї. Кўдаке гуфтаи Ѓозибекро сањнавї мекунад.
Ѓозибек. Гиристам, касе наомад. Хостам аз хона бароям. На дастам кор мекард, на поям. Катро дошта, худро поён партофтам, ба дард тоќат карда ба пой хестам, вале як сония њам истода натавонистам. Аз дарду алами нотавонї гиристам. Боз хестам, поям ќат нашуд. Фаќат як чиз мехостам: худамро ба назди модарам расонам. Ў паси дар гиря мекард. Боз хестам, рост истодам. Як ќадам мондам. Аз дард оби чашмам рехт. Овози очаамро шунидам: «Худоё шукр… Боз як ќадам, писарам»… Духтур гуфт: "Ин бача одам мешавад" … Баъд бисёр афтодам аз зарбаи таќдир, аз як сухани бељо… Имрўз такрор шуд. Зањри сухан зарбаи сахт, њамон дарди мардафканро ба ёд меорад. Дигар дард намехоњам. Бас…
Гулчин. Медонистам, ки маро хушбахт шудан намегузоранд…
Ѓозибек. Ман кафили шодии ту мешавам.
Шифо. Мушкилї дар ихтилофи назари одами солим ва бемор ба маъюбї аст. Ба мо назари нек лозим. Аќалан бадї накунанд.
Мањваш. Ѓам хўрдан бас. Худо ба мо мададгор.  Мо худамон худамонро шод мегардонем. дигаронро њам хушбахт карда метавонем.
Ровї аз радио. Варзишгарони тољик бо имкониятњои љисмониашон махдуд дар варзиш натиљањои хуб ба даст меоранд. Дар Бози;ои зимистонаи параолимпї дар шањри Угра онњо дар лижарон; ва лижаронии к;;; ;увваи сабќат намуданд.
Акмал ;одиров дар Ла;истон ќа;рамони ;а;он оид ба армрестлинг шуда,  барои иштирок дар Бози;ои параолимп; дар Токиороњхат гирифт.
Дар Бози;ои XV паралимп; дар Рио де Жанейро Ра;михудо Додихудоев То;икистонро дар давидан ба масофа;ои 100 ва 400 метр намояндаг; карда буд.
Ду пауэрлифтинги тољик Хайрулло Абдура;имов дар вазни 67,5 кг Зайтуна Рози;ова дар вазни 48 кг ба Бози;ои параолимпии соли 2008 дар Пекин ро; ёфтанд -
Сиёвуш Илёсов дар Олмон пирўз гашта, Тољикистонро дар лижаронї дар Бозињои параолимпї дар Кореяи ;ануб; муаррифї менамояд. 
Шабнам Мањкамбоеваи 16 сола аз Кушониён, дар Бози;ои чоруми наврасони Осиё дар Ба;райн дар риштаи бадминтон се медали бирин;; ба даст овард…
Мусиќї.

Гулчин. Шабнам мисли ман аст. Ман њам машќ мекардам. Пас аз ду се ќадам давидан, мувозинаташро гум карда меафтодам. Дилсард шуда, мегиристам, вале муаллим мегуфт, ки њама кор аввал мушкилї дорад. Барои мушакњои дасту пой машќњои иловагї фармуд. Пас аз ду-се ;афтаи машќ аз давидан намеафтодам, саломатиам бењтар шуд. Ва;те ки ба худ бовар пайдо кардам, маш;ро зиёд кардем
Мањваш. Чаро ба мусобиќањои калон намеравї?
Гулчин. Ин аз ёрии сањњомон вобаста. Имсол як мусобиќ дар Душанбе мешавад, якта дар Тошкент. Андак маблаѓ кор кардан лозим.
Мањваш. Ман маоши аввалинама барои сафари ту медињам.
Гулчин. О, дар спонсорам садќа. Рањмат, дугон.

Дар аробачаи маъюбї Љамол меояд. Мусиќии вазнин.
Мањваш. Суруди шодї нест? Тинљї бошад?
Љамол. Як хабари хуш, ва бад: аробача доданд, вале як дона. Панљ кас доваталаб. Онро ба кї дињем.
Ёѓибек. Ман барои Мањваш аз ароба даст мекашам.
Ќозибек. Ман барои Гулчин аз ароба даст мекашам.
Мањваш. Ман нобиноям. Аробачаро идора карда наметавонам. Худатон маслињат кунед. Ё ба Гулчин ё ба Умед.
Гулчин. Ба Умед медињем. Зањмати Шифо сабук мешавад.
Шифо. Ташаккур, лекин барои ман ба духтур, сайругашт бурдани Умедљон ягон мушкилї надорад.
Гулчин. Аз њамин аробачаи маъюбї чї фоида?
Љамол. Аробачаро каси дигар тела дињад, меларзад, ба дилу асаб таъсири бад мерасонад. Бо аробачаи барќї роњат меравї.
Ѓозибек. Наѓз будааст - ку…
Љамол. Ба овоз мемонем. Барои ба Умед додани аробача кї розї? (Њама ѓайри Шифо даст мебардоранд). Панљ кас. Ба Гулчин кї тарафдор? (Њама ѓайри Гулчин даст мебардоранд). Панљ ба панљ. Не, намешавад. Ин хел кунем, њамон яктаро њам намедињанд.
Гулчин. Ба ман лозим не. Аробача - тамѓаи маъюбии ман мешавад.
Љамол. Ин чї маъно дорад, Гулчин?
Гулчин. Сахттарин азоб - њазар кардани мардум аст. Дар мактаб доим дастам боло буд, вале њамсинфон таъна мезаданд: «Дамата гир! Шали бало, аз кадом ќавр пайдо шудї!?» Мегуфтам, ки Хокинг њам аз дасту пой, њам аз овоз мањрум аст, вале олими дараљаи љањонї шуд. Механданд, инро афсона мењисобанд. Њамсояњо мепурсанд: «Келини хушрўй шудї. Худо рўю мўй додаасту пой не». Мехоњам бе пой буданамро фаромўш кунам! Ба ёд овардани он ба дилам дард меорад! Бо ин саволатон ба дилам корд назанед. Аз шумо њељ чиз намехоњам! Дар хона дилтанг мешавам, вале кўча бароям шумо маро таъна мезанед.
Ёѓибек. Дар кўча эълон менависам: «Ба маъюбон рањму шафќат кунед».
Мањваш. Шафќат муњим нест, баробари дигарон муносибат кунанд.
Ёѓибек. Дина як муйсафед пурсид: «Поята дар љанги ќирѓиз бой додї? Йигити шуданию худо пойи равон надодаст». Гуфтам: «Ин айб нест. Бо пойи равон дузд шудан айб аст, бо пойи равон ба мањбас рафтан асйб аст. Гуфт: «Забонат зањр дорад. Худо забоната мегирифт». Гуфтам, «Ба хотирам расондани маъюбии ман захр нест? Гуфт: «Ту њам бо гапат дилама хун кардї: ба ёдам расондї, ки писари ман солиму дар мањбас»…  Њарду аз хам узр пурсидем.  Мехоњам ба як баландї баромада бо овози баланд гўям: «Э, мардум, мо аз њељ кас кам нестем! Маъюбии моро ба ёди мо нарасонед! Куљое равем, аз пасамон мегўед: маъюб, кўр, шал… Моро баробари худ шуморед!». 
Њама. Ањволи њама чунин аст…
Шифо. Хайрият, писарам зањри забони дигаронро намешунавад…
Ровии радио. Садњо одамони маъюб олиму адибу њунарпеша шудаанд:
Эстер Вергер (соли таваллудаш 1981) дар 9-солаг; пояш фала; шуд, вале дар теннис шаш карат ѓолиби озмуни кишвар, ;афт карат ;а;рамони ;а;он, чор карат ;а;рамони олимп;, ду карат барандаи ;оизаи "Бе;тарин варзишгари маъюб» гардид.
;елен Келлер (1880-1968) дар якунимсолаг; аз як бемор; к;ру кару гунг шуд. вале имову ишораи лабњоро азхуд кард. Дар 24-солагї коллељро бо дипломи аъло хатм намуд. Беш аз да; китоб навишта, адиби машњури замон гашт.
Марли Матлин (1965) дар якунимсолаг; ношунаво шуд, вале аз 7-солаг; дар театри бачањо наќш иљро намуда, барои нахустин филми худ "Фарзандони хурдї" дар 21-солаг; ;авонтарин барандаи Оскар барои бе;тарин ;унарпеша гардид.

Ёѓибек. Эњ, ин дар хориља…
Рауф. Не. Як коргари љавони мо њам маъюб, вале ба донишгоњи техникї дохил шуд, њар сол кашфиёти нав мекунад...
Љамол. Эњ, ба мо як аробача дињанду монанд, ки мўзадўз шавем…
Рауф. Истед, ки шумо панљ аробача дархост дода будед? Мегиред. Хабари дуюми нохушат чист?
Љамол. Дар ин љо сохтани коргоњро рад карданд. Роњ дур. Харољот зиёд, фаќат чангкашак сї њазор будааст. Фоида аз зарар кам будааст.
Ѓозибек. Рањ наздик мебуд, ба шањр рафта кор меёфтем.
Рауф. Ба ин хона чангкашак даркор не: лаби дарё шамол дорад.
Љамол. Ман фањмондам. Гуфтанд, ки бе вай мумкин нест. 
Ёѓибек. Боз дар њаво муаллаќ мондам: ваќте бо нуќс таваллуд шудам, падарам аз оила рафт. Модари љавонам маро ба дасти бибиам доду шавњари дигар кард. Какани маъюб ба шўяш даркор набуд. Бибиам маро духтур мебурд, барои иљрои машќњои махсус ёрї мерасонд. Шаш-сола шудам, ки бибиам гузашт. Холаам љонамро харид, ба модарам њоли маро гуфт. Аз модарам барќия омад: розигии хаттї барои ба интернати маъюбони ятим додани ман. Ба холаам гуфтам…

Сањнаи таљдидї. Хона. Ёѓибеки кўдак, холааш.
Ёѓибеки кўдак. Хола, мана ба интеннат насупол»…
Хола. Не, не. Ман туро ба њељ кас намедињам! Гиря накун. Намедињам…

 Ёѓибеки калон. Дар мактаб муаллима нахост ба синф ќабул кунад.

Сањни мактаб, Ёѓибеки кўдак, холааш, муаллима.
Муаллима. Инро ба интернати маъюбон баред.
Хола. Илтимос, ќабул кунед. Он љо бача дилшикаста мешавад.
Муаллима. Бачањо аз ин махлуќ метарсанд. Бачаи маъюб њар рўз ба дарс омада наметавонад, бо дониши суст њамаи синфро ќафо мекашад.
Хола. Њамроњи писари ман меояд, ќафо намемонад, илтимос…
Муаллима. Модараш ояд, маслињат мекунем.
Хола. Модараш инљо нест. Вай дар Россия…
Муаллима. Оча он љо кайф карда мегардад, бачааш дарди сари мо?
Ёѓибеки кўдак. Оча, ором шавед. Муаллима, очаи ман њамин кас. Ман ваъда медињам, ки наѓз мехонам…
Муаллима. Тавба… Гапзаниаш мисли калонњо.
Хола. Ќобилияташ хуб аст, бовар кунед. Аллакай хонда метавонад.
Муаллима. Хуб, як моњ ба тариќи санљишї. Номаша наменависам. 
Хола. Њазор рањмат…
Мераванд.

Идомаи наќли Ёѓибек. Ў розї шуд, вале бовар надошт. Пас аз як моњ њамсинфам дар лавњаи чанд калима навишт. Ман даст бардошта, «ду хато дорад» гуфтам. Муаллима маро назди лавња хонду таъкид кард…

Синфхона. Лавњаи синф. Муаллима ва ду писарак. 
Муаллима. Хато дорад?
Ёѓибеки кўдак. Дута.
Муаллима. Бигўй. Хатояшро наёбї, аз синф пешат мекунам.
Ёѓибеки кўдак. Рўз аст, руз навиштааст. Ќабат аст, ќават навишт.
Муаллима. Аљиб… Дар лавња навишта, ислоњ бикун…

Идомаи наќли Ёѓибек. Ман бо латта ду њарфро тоза карда, бо бўр аз нав навиштам, хатояшро ислоњ кардам. Муаллима хурсанд шуд. Вале дўстам дашном дода гуфт:

Писарак (бо ѓазаб). «Шали ањмаќ, мемурдї, хап шинї?».
Ёѓибеки кўдак. Мебахшї.
Писарак. Э, гум шав! Худо гирад дасту пойи каљалата!

Ёѓибек. Дўстии мо тамом шуд. Вале муаллима дигар шуд. Бори аввал бо њаяљон гуфт:

Муаллима. «Мебахшї, Ѓозибек. Ман хато кардам. Ту мебахшї, вале ман худамро бахшида наметавонам.
Ёѓибеки кўдак. Њељ гап не, муаллима.
Муаллима. Ёѓибек, ваъда медињам, ки ту бењтарин талабаи синфи ман мешавї. Бароят китоб меорам. Туро назди духтурњои зўри Душанбе мебарам…
Муаллима ва хонандагон аз сањна мераванд.
Ёѓибек. Муаллима ба ваъдааш истод, холаам маро њамроњї кард, духтурњои дору, машќи љисмонї, мањси мушакњоро фармуданд. Яктааш гуфт, ки сари ваќт муолиља мекарданд, ин дараља маъюб намешудам… Бо маслињати ў муаллими варзиш маро ба мусобиќаи байни маъюбон бурд. Ман ѓолиб шудам. Аз муаллими мењнат хоњиш кард, ки ба ман дастгоњњои барќиро омўзонад, чанд касбро ёд гирифтам... То њастам, дар назди руњи муаллима ва холаам ќарздорам. Ду сол пеш дар пандемияи Ковид 19 њардуяшон гузашта шуданд. Фарзандони холаам дар уњдаи ман. Мехостам ба дигарон касб омўзонам. Афсўс, коргоњ намешавад…
Рауф. Барои коргоњ аллакай пул људо шудааст-ку.
Љамол. Гуфтанд, ки ба ин пул 53 дастгоњи шунавої харидаанд.
Гулчин. Вай чї даркор? Як кар гуфт, ки ягон фоида надорад. Ё ња?
Рауф. Асбоб шунавоии шуморо пурра барќарор намекунад, вале ёрї медињад, ки бисёр вожањои хубро шунавед: модар, падар, ишќ. Барои њамин, вай даркор. Аммо чандон гарон нест, ки пули коргоњ сарф шавад.
Љамол. Ман њам њисоб карда гуфтам, вале маро аз кабинеташ ронд.
Рауф. Телефони ман дар мошин. Бо намоянда дар тамос шавед. 
Љамол. Хуб. (Раќам мечинад). Раис, ман Љамол, аз дењи Булбулон. 
Овози Фамбаков. Ња, офимор аз дењи Булбул? Боз чї дард дорї?
Фамбаков - Ќозибек - дар як гўша истода сухан меронад.
Љамол. Фаќат дашном надињед. Як кас мехоњад бо шумо гап занад. (Овози телефонро баланд мекунад, ки њама шунаванд).
Овози Фамбаков. Маро метарсонї? Ту кї?
Рауф (каме худро гум карда). Салом, муњтарам Фамбаков.
Овози Фамбаков. Хайр, гап зан. Чї мехоњї?
Рауф. Њашт аробача ваъда буду якта додед? Њама зиќ.
Овози Фамбаков. Ба кару кўр чизи дигар даркор. Ба чил кас либос, орду ангишт харида таќсим кардем.
Рауф (ба њозирин). Гирифтед?
Гулчин. Ягон майда…
Њама (њайрон). Не-е…
Рауф. Ман дар дењаи Булбул, ягон кас ягон чиз нагирифтааст.
Овози Фамбаков. Имзояшон њаст. Хайрияњои мо чун об дар ќумзор биёбон буѓ шуда нест мегардад. Ба аробача бошад, њама њаќ надоранд.
Рауф. Онњое њаќ доранд, ки беморињои осеби сутунмўњра; фалаљи маѓзи сар, фалаљи атфол гирифтор шудаанд, бе пой њастанд. Чаро бинои коргоњро дуруст накардед?
Овози Фамбаков. Он љо сохтмон манъ аст. Ту, нархар, худат кї?
Рауф (худро бештар гум карда). Ман… як  мењмон.
Овози Фамбаков. Худата аз он љо дафъ карда рав, ин як. Бо Фамбаков сарбасар нашав, ки ањволат бад мешавад. - Ин ду.
Рауф. Ман ба роњбаратон арз мекунам. 
Овози Фамбаков. Тинљ нашинї, ба суд медињам! Ин се!
Рауф. Ќозибек Фамбаков, ту аз кор озод. – Ин як. Намояндаи нави «Энигма» Љамол Камол мешавад, муовинаш муаллима Шифо Шарифї. Ин ду. Коргоњ дар деаи Булбул бунёд мешавад – ин се.  Ту барои исрофи маблаѓњои созмони «Энигма» ба љавобгарї кашида мешавї – ин чор.
Овози Фамбаков. Ту кї?!
Рауф. Ин муњим нест. «Энигма» - муаммои нав: маъюби љисмониро мебинем, маъюби маънавиро не. Маъюб ба касе бадї намекунад, вале Фамбакови солим њаќќи маъюбонро хўрда, онњоро ноумед менамояд. Аз маъюби маънавї алњазар! (Алоќаро ќатъ мекунад).
Њама. Омин. Ташаккур. Офарин! Бобаш кардед.
Рауф. Ба ширкати таксї њам занг задан лозим. (Раќам мечинад). Салом, ман имрўз ба дењаи Булбул омада, банд шудаму таксї рафтааст. Бору анљомам дар он монд… Ронандааш Ањмад буд...
Овоз. Ањмад хеле интизор шудааст, баъд ба мо хабар доду бо мусофирони нав рафт. Њозир худам анљомњоятонро гирифта меоям.
Рауф. Ташаккур. 
Гулчин. Доктор, гўед, ман сињат мешавам?
Рауф. Ин барои худи ман аљиб аст.
Ѓозибек. Агар сињат шавї, мана кидат мекунї…
Гулчин. Э, не, лекин ѓайри ман ба ягондухтар назар намекунї.
Ѓозибек. Не, не. Барои дигарон кўру карам.
Мањваш (бо њазл). Илтимос, аз бинї боло гап назанед.
Шифо. Писари ман сињат мешавад?
Рауф. Дар Душанбе ташхис мекунем. Ањволаш хеле бењ мешавад.
Шифо. Гуфтанд, ки духтур Рауф Ќандї муолиља карда метавонад. Мо њар рўз ба Худољон тавалло мекунем, ки ўро ба назди мо расонад.
Рауф. Фазилати Худо беинтињо. Ин сафар, бе таксї, бе либосу бе њуљљат мондан, ин вохўрии ѓайриоддї бе њикмат набудааст. Рост ба ширкат мерафтам, бо сад бањона маро ин љо намеоварданд. Ин биноро њам мегуфтанд «як оѓил аст». Мо як камбудї дорем: њар рўз бемор ќабул карда, дардро мебинем, инсонро не. Фањмидам, ки њар кадом як дунё њастед. Ба шумо аз дору бештар мењр, боварї лозим. Ба каси аз њаёт дилсард шуда зистанро омўхтан лозим. Сарвари давлат њимоятгари шумо, боре гуфтанд: «Мо дањ миллион нафар, 150 њазор маъюбро дастгирї карда натавонем, чї инсонем»?  Њамроњ кор мекунем. Корњои зиёд мекунем. Њамон Рауф Ќандї манам.
Шифо. Њазорон шукр. Вале шумо кайњо инљову мо азоб додем…
Рауф. Њамааш дуруст.
Њама. Ташаккур.
Мањваш. Таксии «Рахш» меояд.
Рауф. Офарин. Њо ана, дар поёни кўча. (Бо телефон дар тамос мешавад). Алло, шуморо дидам. Њозир меоям. (Меравад).
Љамол. Насими фораму сухани нарм ба тани мо тавон мебахшад.
Њама шодон ба ў даст меафшонанд.
Мањваш. Як лањза њама дардњоямро фаромўш кардам.
Гулчин. Мо дигар танњо нестем.

Ровии радио. Таљриба собит месозад, ки маъюбї њукми охирин нест. Бо саъю кўшиш одами бемор њам метавонад ба муроди худ расад.
Стивен ;окинг (1942) фала; шуд, дар 41-солагї сухан гуфтанро аз даст дод, тан;о ангуштони дасти росташ ;аракат мекунад, бо он курсиашро идора мекунад, бо компютер сухан мег;яд. Вале дар астрофизика чандин кашфиёти нодир кард.
Франклин Делано Рузвелт (1882-1945) аз кўдакї г ирифтори фала;и атфол буд. Бо вуљуди муолиља дар аробачаи маъюбї монд. Вале  солњои 1933-1945 президенти ИМА шуда, бо сиёсати оќилона дар љанги дуюми љањон кишварро ба пирўзї расонд.
Эрик Вайхенмайер (1968) аввалин к;;наварди нобиност, ки ба ;уллаи Эверест баромад. Эрик дар синни 13-солагї бинояшро аз даст дод, вале ;афт ;уллаи баландтарини ;а;он, аз ;умла Килиман;аро ва Элбрусро фат; кардааст.

Ќозибек меояд.
Мањваш (ба Шифо). Хостгорат меояд. Фол мекушоям.
Ќозибек. Инќилобчињои шалу кару кўр! Боз чї бало сар кардед? Маъюб гуфта, пул медињам. Ба љойи рањмат - тўњмат? (Ба Шифо). Шумо гунањгор, ки маъюбњоро мезоед.
Шифо. Кадом модар мехоњад фарзанди маъюб ба дунё оварад?
Мањваш. Назар гар нек бошад, до;и мањро кас намебинад.
Вале кўри гуњарбад айб мељўяд зи оина.
Ќозибек. Кўри њуљљатї ба чашмдор механдад, гадо ба сарватманд?!
Мањваш. Сарватат мошини гаронбањо, хонаи дуошёна не, чашми биноят. Ту гадои сарват њастї мо гадои сињатї. Мо баробарем.
Ќозибек. Ту ранги мошинро надидаї, фарќашро чї медонї? 
Мањваш. Ту атом, нейтронро дида метавонї? Не. Пас, мо баробар.
Ќозибек. Э, бадбахт, сад дард дорї, аќаллан худат роњ меравї?
Мањваш. Ин мушкил нест. Аз садои мошин там;а, њатто раќами автобусу троллейбус, аз садои мошин табъи ронандаро муайян мекунам. Вале сирати инсонро фањмидан мушкил. Худи инсон Энигма – муаммост.  Дар ин чода мо баробарем.
Ќозибек. Ман чї муаммо дорам?
Мањваш. Чашм дорию ба роње меравї, ки ба ту шараф намеорад, ба худат ва дигарон мусибат меорад.
Ќозибек. Роњи ман ба ту чї зарар дорад?
Ёѓибек. Коргоњро набандед. Ман чанд касб дорам, лекин ба кор намегиранд. Коргоњи худамон бошад, бе миннат нон хўрем.
Ќозибек. Бозор пур аз моли арзони «хитой-љон». Нафаќаю мадади мо, бойбачањоро хўрда шукр карда гардед.
Љамол. «Энигма» маркази таълимии компютерї аст. Бо барномаи нав муносибатро ба маъюбон та;йир медињем.
Мањваш. Аз як коѓази сафедат сиёњї мебарояд, чист вай?
Ќозибек. Ќарор: аз ин дарахт то он харсанг ба ширкати мо гузашт.
Шифо. Хонаи нотамоми ман њам?
Ќозибек. Хонаро шумо ѓайриќонунї сохтед. Хишту тахтаашро гиред, набошад, бо экскаватор пахш мекунем.   
Шифо. Эх, худо... Шумо хаќ надоред…
Ќозибек. Ман?! - Ба њама кор њаќ дорам.
Љамол. Ин њуљљати шумо ѓайриќонунї. Ин љо корхонаи «Энигма».
Ќозибек. Э, дафъ шав бо «энаѓма»-ат. Ќарори њукумат бозича аст?
Љамол. Ин аст ќарори њукумат. (Коѓазро нишон медињад). Бо супориши сарвари давлат масъулони ноњия замин доданд, вале дар замини дури нообод. Муаллима ин хонаи нотамомашонро доданд.
Ќозибек. Чї ќарор? (Медаронад). Ин як коѓази бе мўњру имзо.
Хама. Ист. Чї кор мекунї?
Ќозибек. Бо ман сарбасар нашав, «Э-наѓма». Зўрат намерасад.
Љамол. Ин нусха аст. Зўри ман не, зўри Сарвари давлат мерасад. Дар мулоќот гуфтанд, ки «ман њомии шумоям».
Гулчин. Ман љинояти туро дар телефонам сабт кардам.
Ќозибек. Кадом љиноят? Ку телефона те, шали балозада.
Махваш. Дасту дилу чашму дањонат пок нест.
Ќозибек. «Ба худо» гўй? Нав собуншўй карда будам.
Мањваш. "Дасти пок" – чизи каси дигарро намеситонад; «чашми пок» - бо њасад нигоњ намекунад; «дањони пок» сухани зишт намегўяд; «дили пок» ќасду кин надорад. Ту ягона дороии мо, маъюбонро мегирї?
Ќозибек. Пулњои додаи мисли об дар биёбони ќумзор буѓ мешавад! Коргоњ ба маъюб чї лозим?
Љамол. Мо дастнигар будан намехоњем. Худамон кор мекунем.
Ќозибек. Дар Ѓарб маъюбонро нест мекунанд, ахта мекунанд, ки насли нави маъбюб пайдо нашавад. Барои њамин онњо пеш рафтанд.
Шифо. Ин корро Гитлери фашист сар кард, оќибаташ чї шуд? 
Ќозибек. Ана, Игор Лебедев, муовини раиси Думаи давлатї њам гуфт, ки ба таваллуди кўдаки маъюб иљозат дода нашавад.
Шифо. Бар зидди Лебедев тамоми парлумони Русия бархест. Чунки маъюбон њам як љузъи љомеа њастанд, барои ободии Ватан мекўшанд.
Ќозибек. Чї ободї мекунанд? – Баракс, барои сесад сомонї нафаќа њама худро маъюб нишон додаанд. Боз кор карда маош мегиранд. 
Љамол. Њар инсон ба саволаш посух пайдо мекунад, ѓайр аз маъюб; њар кї даре кўфт, ба рўяш кушода мешавад, илло ба маъюб; њаркї ба муродаш мерасад, ѓайр аз маъюб. Роњи умри бачаи солим аниќ аст: мактаб, донишгоњ, хизмати њарбї, кор, оила, фарзандон, пирии роњат. Вале ман хати маши зиндагиамро худам созам: танњоиву кунљи хона, ё орзу кардан, талош кардан, афтидану хестан? Беморї гуноњ нест, меъёри бањо нест. Меъёр дониш, саъю кўшиш аст. Вале афсўс.
Гулчин. Виљдон фурўхта бахти фаровон харидаанд,
Имони худ супурда ;амистон харидаанд... (Аниса Манонова)
Љамол. Мо ба њам пайвастем: як ранг аз байн равад, рангинкамон нобуд мешавад. Маъюб ќадри саломатиро аён месозад. Одами солим бо шафќату сахо љањони маънавии баланде бунёд мекунад. 
Ќозибек. Ман њам кўмак мерасонам, дар роњњои пиёдагард пандус, гузаргоњњо месозам, истгоњњои наќлиётро мувофиќ менамояд. Аммо ваќт - евро! Мисли шумо садаќа намехўрам. Мана дасту поям мехўронад. Аз ин љо бароед. (Ба Шифо). Муаллима, шумо «аљузатона» гирифта дур баред, чангу хок мешавад. (Бо телефон дар тамос шуда). Сар кунед.
Овози булдозери наздикшудаистода.
Шифо. Шумо чї кор карданї? 
Ќозибек. Ободї: инља маркази дилхушї мешавад.
Шифо. Ин њавлии ман аст!
Ќозибек. Инља - хонаи бобои шўятон, њуљљат надорад. Њукумат ба ман дод, ки ин гўшаи дењаро обод кунам.
Шифо. Њуљљат дорад, хона њам ќонунї. Булдозерро манъ кунед.
Ќозибек. Булдозера манъ карда метавонед, Ќозибека не. Оянда туро њам ба кор мегирам. Мањсгар ё раќќоса мешавї.
Шифо. Истед! Шумо пушаймон мешавед!
Ќозибек. Хељ ваќт Ќозибек пушаймон нашудааст и намешавад!
Шифо. Ман њамроњи кўдакам дар таги девор меистам. (Меравад).
Гулчин. Ин беинсофї!
Мањваш. Ин убол!
Ќозибек. Ба њамаатон харфи «ље»-и калон. 
Ѓозибек. Ман њам дар таги девори коргоњамон меистам.
Ќозибек. Як маъюб кам – як проблема кам шуд.
Ёѓибек. Ман њам девори коргоњ мешавам! (Меравад).
Љамол. Манъ кунед. Шумо њаќ надоред.
Ќозибек. Э, гум шав, сардори бесар…
Љамол. Ман њам девори коргоњ мешавам. (Меравад).

Овози булдозер баланд шудан мегирад.
Аз љониби дигар дар тан либоси расмї бо табассум Рауф меояд.

Рауф. Мувофиќи ваъда омадам… (њайрон). Эњња… Ин чї гап?
Мањваш. Коргоњамонро вайрон мекунанд.
Гулчин. Хонаи умеди мо номедњоро вайрон мекунанд.
Рауф. Бачањо куљо шуданд?
Гулчин. Онњо дар таги девор. Булдозер хонаро чаппа мекунад.
Рауф. Ин кори кадом беинсоф?!
Ќозибек. Кори ман - Ќозибек Фамбаков, њамоне, ки ним соат пеш ту аз вазифа озод кардї. Худат пеш-пешу вазифаат аз ќафо, зудтар љона каљ карда, аз ин љо рав, ки таги чангу хок мемонї.
Рауф. Ќасос гирифтед? Булдозерро манъ кунед.
Ќозибек. Оби дарёро чаппа мегардонед, пеши булдозери маро не.
Гулчин. Таќдири мано, ќарору корат аљаб аст,
Ѓамномаву дарди бешуморат аљаб аст. (Аниса Манонова)
Рауф. Ба њамсинф бовар карда, туро насанљида ба кор гирифтам...
Ќозибек. Ман худам сардор, ба ширкати шумо муњтољ нестам,
Рауф. Бо бањонаи хайрия, ба номи маъюбону ба коми худат аз чанд ширкату созмонњо пул гирифтї.
Ќозибек. Ба кару кўр дињаму худам гушна гардам? Ба ман чї?
Рауф. Тањаммулпазирї –низоми кори мо. Манъ кунед, њозир муовини раиси ноњия меояд.
Ќозибек. Хуб аст: бино фармони ту - раиси ширкат чаппа мешавад. Ман озод, љавобгар худат. Туро дар љои љиноят дастгир мекунанд.
Рауф. Оњњо… Ана, ба чї пастињо тайёред.
Ќозибек. Бо ман сарбасар нашав… (Шитобон меравад).
Гулчин. Он рўз, ки саќфи хонахо чўбї буд,
Гуфтору амал дар њама љо хубї буд,
Имрўз бинои хонањо санг шуда
Дилњо њама бо бино њамранг шуда!
Мусиќии хавотиромез. Садои булдозер. Набзи дил.
Рауф (дод мезанад).  Истед! Сабр кунед! Худоё, як аробача рўбарўи булдозер меравад. Љамол аст. Офарин йигит. Булдозер истод. Хуб… Ронанда аз кабина фаромад… Пеши Љамол омад. Маслињат мекунанд… (Дод мезанад). Як лахза истед! Ман меоям!

Ровии радио. Хабарњои охирин. Дар дењаи «Булбул» барои вайрон кардани хуќуќи маъюбон соњибкор Ќозибек Фамбаков аз љониби маќомоти прокуратура боздошт шуда, парвандаи љиноятї боз гардид…   

Рауф пеш меояд.
Рауф. Адолат пирўз гашт. Хонаи муаллима Шифо бинои ёрирасон мешавад, поёни дења коргоњи калони замонавї бунёд мекунем. Бо амрномаи раиси ноњия ба маъюбони дењи Булбул ва дењоти атроф 17 аробачаи маъюбї таќдим шуд. Эълони дигарро раиси љамъияти «Энигма» Љамоли Камол мегўяд.
Љамол ва дигарон дар аробачањо меоянд. Мусиќии гуворои раќсї.
Љамол. Барои ѓамхорї ба њама як љањон сипос! Бо фармони раиси шањр ду озмун барпо мешавад: якум, озмуни варзишї пагоњ дар маркази шањр – дави умумї бо аробачаи маъюбї. Мусобиќаи дуюм њоло дар њамин љо мешавад: – озмуни раќс дар аробачахои маъюбї. Касони дар толор нишаста, дар љоятон ба раќс њамроњ шавед! Шуморо туњфањои раиси шањр, доктор Ќандї, љамъияти «Энигма» интизор. Њама мераќсем!   

Мусиќї баланд мешавад. Њама мераќсанд.

Парда.

Дар хотима масъулини бахши маъюбони шањр аъзои љамъияти маъюбони шањр андеша ронда, ба маъюбоне ки дар њаёти љамъиятї фаъоланд, туњфањои хотиравї медињанд.


Рецензии