Резистанс - Муковимат Франция - Точикистон драма

МУЌОВИМАТ – РЕЗИСТАНС
(драма)


Иштироккунандагон:

Анвар Шарифов – лейтенант, сарбози шўравї ва армияи муќовимат
Изабелл. 
Филипп – амаки Изабелл, сарбози лашкари муќовимат.
Изабелл-набера.
Бенуа– падари Изабелл
Франц Бенц – коменданти немис
Модари Анвар.
Фармонов 

Дар сањнањои умумї аскарон, асирон, сокинони дења.
Воќеаи солњои 1943-1993.

Эзоњ: Драма дар асоси далелњои воќеї иншо шуда, Анвар Шарифов шахси воќеї, муаллими забони франсузї, дар яке аз хољагињои ноњияи Рўдакї зистааст.
Резистанс – Муќовимат – на танњо мубориза бар зидди фашизм, балки талоши инсоният алайњи њама гуна фишору зўроварї ба њуќуќ ва озодии инсон аст.
Муаллиф.



ПРОЛОГ

Майдончаи назди идора. Изабелл – набера паси мизи оддї нишаста дар дафтараш ќайдњо мекунад. Анвар Шарифови пир аробачаи хурдеро кашола карда меояд. Аз дидани духтар ба њайрат меафтад.

Анвар. Изабелл? Салют, Изабелл!
Изабелл (беањамиятона). Салют, бобо! Ман Виктория. Номи шумо...
Анвар. Бон сюкс! Изабелл... Виктория… Виват!
Изабелл (бо тааљљуб нигариста). Бон жур, бобо. Номатонро ба рўйхати ёригирандагон навиштед? (Анвар беањамиятона сар мељунбонад.) Номатон чист?
Анвар. Анвар Шариф. Ту ба як Изабелл монанд, аз Париж.
Изабелл. Мо французњо, њамаамон ба якдигар монанд, пойтахти ватани мо Париж. Шумо забони французиро медонед? Муаллим њастед?
Анвар. Ња, будам… Вале забонро дар Рюэл ёд гирифтаам, дењаи назди Париж. Дар он љо муаллимаам Изабелл буд, ба ту мисли як себи дукафон монанд буд…
Изабелл. Ња, бобо, дар дил чї сирре дорї.
Анвар. Эњ, Изабелл. Дар дили ин сарбози пир орзуву ормон, дарду доѓи тамоми сарбозон нињон аст. Орзуи армияи Муќовимат. Аѓме де Ѓезистанс.
Изабелл. Шумо рост мегўед? Дар кадом дења будед?
Анвар (дилаш њаво гирифта). Оњ… Рюэл… Изабелл де Бенуа… Филипп…
Садоњои хоси љанг. Сањна торик мешавад.

НАМОИШИ 1.

Чањорбоѓи Бенуа дар дењаи Рюэли назди Париж. Садои тирпарронї. Пас аз кушода шудани парда мебинем, ки се нафар асирон Анвар Шарипови љавонро базўр дошта ишора мекунанд, ки хомўш бошад. Бенуа, Изабелл ва Филипп меоянд.

Бенуа. Тинљї њаст? Ягон касро накуштаанд? Чаро тир парронданд?
Филипп. Ња, ин љавон боз кўшиши гурехтан кардааст? Бечора, худро бадбахттарин одами дунё њисоб мекунад, бовар кардан намехоњад, ки дар Франция «бахт» гуфтанї калима њам вуљуд дошта метавонад.
Изабелл. Барои асир мушкил. Аќаллан забонро медонист, ин ќадар худро хору залил њисоб намекард.
Бенуа. Ба кори худатон машѓул шавед, комендант омада пурсад, гўед, ки аз њељ чиз хабар надоред. Шумо равед, додарам. Ман худам пешвоз мегирам.
Филипп. Аллакай дер кардем. Комендант Франц Бенц дар нусхаи аслиаш.
Франц меояд.
Франц. Швайген! Кадом хук аз љонаш сер шудааст?! Намедонед, ки посбонњои мо напурсида мепарронанд? Аз ин њудуд баромада наметавонед!?
Бенуа. Герр комендант, иштибоње шудааст. Асирони мо одамони ањланд. Аз субњ то шом наъл мезананду хошок тайёр мекунанд.
Франц. Пас, кї дар либоси асирон пайдо шуда метавонад ѓайри асирон?
Филипп. Шунидам, ки аъзои њаракати Муќовимати Франция дар либоси асирон амал мекунанд, то ки ба њудудњои шумо бемалол дохил шаванд.
Франц. Ба партизанњоят гўй, ки бо тарконидани шишањои бензинпуркарда чархи таърихро ќафо гардонда наметавонанд! Ин бозии кўдакона!
Филипп. Худо нигоњ дорад, чаро ман?
Франц. Барои он, ки булбулакат бисёр мехонад!
Бенуа. Љанобон, ором шавед: дунё тинљї, муњимаш асирон дар љояшон. Дар айвон коняки хуб моро интизор. Биёед, сари њамонро шиканему нўши љон кунем.
Франц. Њоло барваќт. Пас аз як соату бисту панљ даќиќа меоям. Шир тайёр шавад, онро якбора гирифта мебарам. (Ба Изабелл). Ту, хонумча, бо инњо эњтиёт шав. Ё ки худат партизан њастї, «абераи Наполеон»?
Изабелл. Ман дар ватани худам њастам. Њамин кофист. Чаро гурезам?
Франц. Французњо бо ѓурури кўдаконаашон ба ман маъќул. (Меравад).
Бенуа. Ба асабњояш нарасед, илтимос. Ман ўро гусел мекунам. (Меравад).
Филипп. Паят канда, тарѓўл! Ба њар њол, аз вай эњтиёт шав, Изабелл.
Изабелл. Дилам ба ин љавони наљиб месўзад. Вай дар симои мо душманро, фашистонро мебинад.
Анвар. На, Шумо фашист не, балки хиёнаткор њастед.
Изабелл. Худоё, Ба шеваи фаронсавї њарф мезанад. Ту кистї? Аз куљої?
Бенуа. Рус нестї?
Анвар. Тољикам ман. Аз Тољикистон.
Филипп. Ин дар куљост?
Изабелл. Фањмо. Ин дар хоки шўравист. Ман шарќшинос њастам. Тољикон… Самарќанду Бухоро… Мисли афсонањои «Њазору як шаб»… шоирони бузурги шумо Рўдакї, Љомї, Носири Хисрав, Њофиз, Саъдї, Бедил…
Филипп. Наѓз. Вале хоин гуфта, моро хиљил кардї.
Изабелл. Ин байтро медонї аз они кист?
«Осоиши ду гетї тафсири ин ду њарф аст –
Бо дўстон мурувват, бо душманон мадоро».
Анвар. Ин байти Њофизи Шерозист, вале ба њоли шумо мувофиќ нест: мадоро кардан бо фашистон – хиёнат ба тамоми инсоният аст!
Филипп. Эњтиёт шав, Изабелл, ин љосус набошад?
Анвар. Ман сарбози армияи озодибахши шўравї њастам. Лейтенант Анвар Шарипов, дорандаи ордени Байраќи Сурхи љангї!
Филипп. Франсузиро њам медонї?
Анвар. Муаллими забони франсузї будам, дар мактаб кор мекардам.
Филипп. Пас, ба ин љо чї хел афтида мондї? Ким-чї хел шубњанок менамої.
Анвар. Генерал Власовро шунидаед? Вай хиёнат карда, як дивизияро таслим кард. Мо дар муњосира мондем, чанд бор кўшиши ба ќисмњои худ њамроњ шудан кардем, вале аз таркиши бомба нохост бењуш шудаму бо њамин… асир афтодам.
Филипп. Пас, моро њам хоин нагўй. Сарварони мо њам љангро бохтанд, вале мо чї гуноњ дорем? Бачањои мо дар њайати Армияи Муќовимат дар љангњои зидди Гитлер ширкат доранд. Мо њам дар ин љо ба шохи немисњо зада меистем. Шунидаї, ки гоњ-гоњ дар рўзи равшан танки немисњо метаркад, тўпашон аз кор мебарояд, аз дасти як гаврошбача линги фрици ѓўладинг аз осмон меояд. Ин кори франсузњои мисли ту асир афтода аст.
Изабелл. Тамоми Франция имрўз азо дорад. Вале мо ноумед намешавем.
Филипп. Ту њам бењуда саги девона – Францро киш-киш надењу ба ягон кори љиддитар машѓул шав. Тани танњо ту њељ кор карда наметавонї.
Анвар. Аз ин гапњоятон дар дилам як гармї пайдо шуд, вале охир шумо бо немисњо њамкорї доред?
Филипп. Худо паноњ дињад, чї хел њамкорї?
Анвар. Ба онњо ширу љурѓот тайёр мекунед…
Филипп. Ин як созишномаи давраиљангї аст. Немисњо бе розигии мо фермаи худро дар замини мо љой кардаанд. Азбаски бародарам Бенуа бо генерали немисњо дўсти давраи љавонї будаанд, созишномае тартиб дод, ки бар ивази ин ферма, касе ба оилаи ў даст намекобад. Ферма аз они немисњост, кори фермаро бошад, шумо, асирон, мекунед. Пас, хиёнаткор мо нестем! То имзои созишнома њар рўз дар ин љо бедодї мешуд, номзади Изабелл – Луиси љавонмардро куштанд… чанд ваќт боз тинљї. Ба асирон њам касе кордор нест.
Анвар. Бубахшед. Нафањмидам.
Филипп. Њама одамон орзуи дидани Парижро доранд. Ту шукр бикун, ки дар маркази Аврупо, маркази тамаддун, зеботарин шањри олам њастї ва саломат њастї. Мо албатта ѓалаба мекунем. (Ду ангушти дасти росташро боло мекунад.) Виват! Виктория! Меравем, Изабелл?
Изабелл. Ман мехоњам аспсаворї кунам.
Филипп. Дар бораи ин суханњо ба касе гап назан.
Анвар (нарангушташро боло мекунад). Виктория!
Филипп. Офарин.
Изабелл (ба як тараф). Худоё, дилам аз пешомади аљибе дарак медињад. Шояд бањор таъсир кардааст?
Анвар (ба як тараф). Имрўз чї рўзи хуб аст, гўё аз нав таваллуд мешавам…
Изабелл (ба як тараф). Бањори љанг бошад њам эњсосро зинда мекунад.
Анвар (ба як тараф). Чаро дилам сахт мезанад?
Изабелл (ба як тараф). Чашмони ин асир кап-кабуд, ба чашмони Луис монанд.
Анвар (ба як тараф). Ин парї чї дилкаш аст, афсўс, ки авлоди капиталист аст.
Изабелл (ба як тараф). Ќаду ќоматаш, нигоњаш, љасорату ќатъияташ њам…
Анвар (ба як тараф). Ба форсї чї ќадар ширин гап мезанад…
Изабелл (ба як тараф). Вале худоё, ман девонам. Оќибати ин эњсос гарон аст.
Анвар (ба Изабелл). Аз њарфзании форсии ту худамро дар ватан эњсос кардам.
Изабелл. Ташаккур.
Анвар (ба як тараф). Не, шайтона пеш кардан даркор. Оќибаташ хуб нест.
Изабелл. Духтарони тољик њам мисли ту зебо њастанд?
Анвар. Эњ, дилама об накун… Онњо мисли парї… Ба ту монанд…
Изабелл. Ту зан дорї?
Анвар. Не, ваќт нашуд. Мехондам, ки падарамро њабс карданд.
Изабеллл. Барои чї?
Анвар. Душмани халќ гуфта тўњмат карданд.
Изабелл. Шунидаам. «Дивизияи пинњонии душманони шўравї».
Анвар. Падарамро парронданд. Ду сол мотам гирифтем. Баъд љанг сар шуду барои аз номам бардоштани тамѓаи «писари душмани халќ» ихтиёрї ба љанг рафтам. Дар Финляндия љангидам. Баъд дар Белоруссия будам. Вале асир афтодам. Аввал ба Полша бурданд, баъд ба Венгрия. Сипас ин љо оварданд.
Изабелл. Ними Аврупоро гаштї.
Анвар. Афсўс, ки чун асир…
Изабелл. Ту барои ин гунањгор нестї…
Анвар. Барои дилбардорї ташаккур. Дар асирї гапи хуш –давлати бузург аст.
Изабелл. Ноумед нашав. Ануар, мисли номњои фаронсавї.
Анвар. Узангуи аспро чаро «азоб медињї»?
Изабелл. Узангу андак шалаќ шудааст. Ту инро мефањмї?
Анвар. Ку, бинем. (Мегирад). Њозир соз мешавад… (Узангуро бо даст рост мекунад). Дўстдоштаи ту - Луис, зебо буд?
Изабелл. Марди асил буд. Мисли ту буд, ќаду ќоматаш расо, чашмонаш њам кабуд.  Ориёии асил.
Анвар (ба як тараф). Худоё, боз дилам метапад. Ќариб як соли охир фаромўш карда будам, ки ман њам дил дорам. Не, шайтона пеш кардан даркор. Ин духтари капиталист… (Ба Изабелл). Узангу дуруст шуд. Гиред.
Изабелл. Ташаккур. Як илтимос, ман ба аспи навомўхт савор мешавам. Барои эњтиёт назорат мекардї…
Анвар. Ба мо иљозат нест. Ман бояд равам. Аспонро наъл задан даркор.
Изабелл. Хайр, ихтиёрат! (Ранљида меравад).
Анвар. Ин духтари франсуз мисли афсонањои франсузї зебост. Чолок аст. Ба асп љањида савор шуд… Мисли бод асп меронад… Худоё, чї шуд? Асп ба тарафи љарї меравад! (Садои тез гаштани асп.) Исто! Ба чап гардон!
Овози Изабелл. Гапамро намегирад! Аспи навомўхт аст!
Анвар. Ман њозир ба ёрї меоям. Ба аспи дигар савор мешавам! Ба чап!
Давида меравад. Овозњои њарду аз дуру наздик.
Овози Изабелл. Ёрї дињед!
Овози Анвар. Лаљомро каш! Ба тарафи чап! Ман пеши љариро мегирам!
Овози Изабелл. Асп тамоман аз фармони ман баромад!
Овози Анвар. Худатро нигоњ дор!
Овози Изабелл. Оњ!
Садои афтидан аз асп. Изабелл ѓелида ба сањна медарояд. Анвар њам ба ёрї расида меояд. Сари ўро бардошта набзашро мебинад.
Анвар. Изабелл! Њуш надорад! Нафасаш гирифтааст! Нафаси сунъї додан даркор! Изабелл, ба худ биё!
Изабелл. Оњ… Ба ман чї шуд?
Анвар. Њама тинљї.
Изабелл. Ташаккур. (Мехоњад хезад, аммо меафтад.) Поям…
Анвар. Нахезед. Шинед. Боз куљоятон дард мекунад? Миён, китф?
Изабелл. Не… Дилам дард мекунад…
Анвар. Эњтиёт шавед…
Изабелл. Ту ба ёди ман Луисро овардї. Рустаму Исфандиёрро ба ёдам овардї.
Анвар. Ба шумо чї ёрї расонам?
Изабелл. Њамту тамошо карда ист. Нафасам рост шавад, худам мехезам.
Анвар. Худоё, ман хоб мебинам, ё ба олами афсона афтодам?
Изабелл. Ту худат як ќањрамони афсонањои «Њазору як шаб» њастї. Шањзодаи савори аспи сафед…

Ба ёди Анвар диёр ва модараш меоянд. Сањнаи тўи арўсї бо суруду раќсњои тољикї барпо мешавад. Арўс – Изабелл.
Бенуа меояд ва мусиќї ва ёдоварї ќатъ шуда њама ѓайб мезананд.

Бенуа. Тинљї њаст?
Анвар. Ташаккур ба ту, ки маро ба худ овардї.
Изабелл. Ташаккур ба ту, ки маро наљот додї.
Бенуа. Гуфтанд, ки асп туро партофтааст.
Изабелл. Ња. Поям лат хўрд. Хайрият, Анвар дар инљо буду маро халос кард, набошад, аспи ноомўхт маро ба љарї мебурд.
Бенуа. Ташаккур, йигит. Ман ин хизмати туро фаромўш намекунам. Барои ман духтарам аз њама дунё ќиматтар аст. Илтимоси дигар, Изабеллро бардошта ба хона бар. Ман духтурро љеѓ мезанам..
Анвар. Хуб.
Бенуа. Як шиша коняк тўњфа мегирї (Меравад.)
Анвар. Худо ки дод, намепурсад, ки бачаи кї мешавї! (Изабеллро мебардорад.) Хас барин сабук-ку?
Изабелл. Худоё, дар Францияи замони љангии мотамзада њам худро хушбахт эњсос кардан мумкин будааст!
Анвар. Изабелл! Чаро дилат сахт метапад?
Изабелл. Чаро? Намедонам. Дили ту њам… мезанад…
Анвар. Таппиши дили ошиќро садои тўп њам хомўш карда наметавонад!
Изабелл. Худо худаш туро ба назди ман фиристод.
Анвар. Њазорон шукр, ки ту њастї,
Изабелл. Ин суханро ба дили ту худованди мењрубон андохтааст.
Анвар. Ба гулу дарахтњо рашк мекунам, ки њар рўз туро мебинанд. Бо рухсати шумо, бону… (Мебўсад).
Нохост Франц пайдо шуда меояд. Пеши онњоро мегирад.
Франц. Швайген! Чаро берухсат дар ин љо мегардї! Парто духтара!

Анвар ањамият намедињад. Франц аз автомат тир холї мекунад, вале љавонон ањамият намедињанд. Франц мехоњад ба дасти ў кишан андозад, асир омада бо илтиљо фањмондан мехоњанд, ки Изабелл лат хўрдааст. Франц ба сари онњо ќамчин мезанад. Анвар аз фурсат истифода бурда Изабеллро мебарад.

Анвар. Ташаккур, бародарон.
Франц. Њамаи шумо имрўз бехўрок мемонед. Њамаатон љазо мегиред! Дафъ шавед. (Меравад).

НАМОИШИ 2.

Чањорбоѓи Бенуа. Мизи чархдори рўяш хон густурдаро меоранд, ки меваю шароб гузоштаанд. Бенуа, Филипп ва Изабелл.

Бенуа. Духтарам, њар як хоњиши ту барои ман ќонун аст, бароят њељ чизро дареѓ намедорам. Аммо оќибати ин муњаббат чї мешавад? Замон-замони љанг аст. Таќдири асирон дар дасти мо нест. Франц ба ин чї бањо медињад?
Изабелл. Ин кори шахсии ман. Вай ба дили ман фармон дода наметавонад.
Бенуа. Метарсам, ки барќасди ту, ўро ба ягон љои дигар нафиристад. Паррондани асирон њам барояш мушкилие надорад. Ба љони љавон љабр мешавад.
Изабелл. Инашро фикр накардам. Вале мо ба ин роњ намедињем. Мо намегузорем, ки дар њавлии мо асиронро азият дињанд.Њамин тавр не, амакљон?
Филипп. Тамоми Франция мудофеъи муњаббати шумо мешавад! Ман аз пешомадњои хубе шодам. Домодро биёр. Њар даќиќа ѓанимат.
Изабелл (бо њаё). Хуб, амакљон. (Меравад.)
Бенуа. Аз бозии чашмонат мебинам, ки ягон бозии бемаъниро сар кардаї.
Филипп. Не, не, њар бозие кунам, дур аз њавлии ту мекунам, акаљон.
Бенуа. Уф… Фикри ту дар бораи кори Изабелл чист?
Филипп. Ишќ мўъљизаи илоњї аст. Бояд ба ќадраш расид.
Бенуа. Оќибаташ чї мешавад? Давлатњои мо дигар, идеологияњо дигар.
Филипп. Љанг њама идеологияњоро шикаста моро ба њам дўст намуд. Баъди ин љанг иттињоди нави инсоният сар мешавад! Оќибати кор хуб мешавад.
Тањти мусиќии тўёнаи Менделсон Анвар ва Изабелл меоянд.
Њарду. Салом, падарони азиз!
Филипп. Аврупо ва Осиё яктои воњид шуданд! Муборак шавад, Бенуа!
Бенуа. Либоси мулкї зебидааст. Хуш омадед. Мењрубон бошед.
Филипп. Мисли ман озод бошед.
Анвар. Мењрубонии шумо зиёд. Бароям дар њаќиќат, имрўз мисли афсона аст.
Филипп. Эњсос чизи хуб аст, вале муњаббат бе шиками сер намешавад. Гир.
Анвар. Аз гулўям чизе намегузарад. Аз бахти осмонии ногањонї серам. Вале њамроњонам гурусна. Бо фармони Франц ба онњо имрўз хўрок надодаанд.
Филипп. Мо бењуда дар ин љо хок тапида гаштаем? Аз ин мурѓбирён пинњонї ба онњо њам фиристодем, ду шиша коняк њам. Имрўз тўй аст, охир. Агар талаби замон намебуд, њамаро дар ин љо љамъ мекардем!
Анвар. Наход? Ташаккур, амаки Филипп. Базми асирон дар ваќти љанг – як лутфи илоњист.
Филипп. Гап дар бораи асорат равад, њамаи мо асири сиёсати давлатњои худамон њастем: њоло зоида нашуда, бояд ќонунњои навиштаи бобоён, дини њукмрон, ќоидањои нонавиштаи ахлоќии њамзамононро ќабул кунем. Вале марди асил њамон аст, ки дар байни њамаи ин монеањо саргум нашуда амали неке мекунад!
Бенуа. Додарам, Филипп, ту мисли њама французњои асил марди лутфу сухан њастї, вале бие, имрўз сиёсатро фаромўш кунем.
Анвар. Барои мењрубониятон ташаккур. Вале ман як лањза њам љанг, асорат, сўхтани ватанам, фиѓони ятимон, нолаи модаронро фаромўш карда наметавонам.
Филипп. Ѓамро бо ѓам намекушанд, бо шодї мекушанд. Барои њамин «дар ваќти вабо тўй бикун» мегўянд, писарам. Мехоњам, ки ту як лањза худро озод эњсос кунї. Бароят хушбахтї мехоњам.
Анвар. Ташаккур. Дар байни оташи љанг барпо шудани ин базм аз дили неки шумо шањодат медињад. Ва ман бовар кардам, ки бар зидди Гитлер имрўз тамоми олам бархостааст. Ва ман бовар кардам, ки мо њатман ѓалаба мекунем. Виват!Виктория!
Њама беихтиёр аз љой бархоста шомпон менўшанд.
Филипп. Ман нав фањмидам, ки љиянам туро барои аќли расоят дўст медоштааст! Офарин!
Изабелл. Дилат чї мехоњад, Анвар?
Анвар. Кош њоло љанг намебуду модаракам ин љо истода, бар сари ману Изабелл танга мечошиду сарамонро сафед мекард. Вале…
Изабелл. Мо дар донишгоњ мањфил доштем. Ва ман як суруди арўсии тољикї хонда будам. Бароят мехонам.
Филипп. Бихон, Изабелл. Аз муњабббати шумо Шарќу Ѓарб наздик мешавад. Дунёи аљибе оѓоз мегардад.   
Изабелл суруди тољикї мехонад. Њама мамнун.
Дар берун шавќун. Њама хомўш мешавад.
Филипп. Чї  шуда бошад? Ња, боз Франц омадааст.
Бенуа. Оњ, аз набудани Анвар дар саисхона бонги хатар заданаш мумкин. Бояд ўро ба ин љо даъват кунем. (Меравад).
Анвар. Ман равам, ки ба шумо гап нарасад.
Филипп. Не, дўстам. Туро даъват кардаанд. Мењмони нохонда худи Франц аст. (Бо ишораи махсус). Худатро дар назди ў паст нагир. Ѓалаба наздик аст, Анвар! Виктория!
Анвар. Амаки Филипп, ба фикрам, шумо коммунист њастед.
Филипп. Њм… Фикри коммуна аз Фаронса баромадааст, вале Наполеон сарашро хўрд. Дар Русия ба коммунизм сар карданд, вале Сталин бо «пардаи оњанинаш» ва репрессияи соли 37-ум обрўи коммунистонро дар љањон паст кард. Пас аз он воќеа дар Аврупо коммунистон аз дастгирии мардум мањрум шуда, шикаст хўрданд. Имрўз, ки љанг њамаи моро муттањид кард, умеди ягонагии умумии инсонњо зиёд шудааст. Њаёт бошад, мебинем. Муњаббати шумо њам нишони њамин вањдат аст.
Франц ва Бенуа меоянд.
Бенуа. Марњамат, герр-комендант. Имрўз духтари маро ин љавон аз марг наљот дод. Ба ин муносибат базм оростаем. Марњамат. Коняки дўстдоштаатон…
Франц. Истед. Ин магар њамон асири рус нест?
Филипп. Шумо зидди русњо мељангед, ин бошад, тољик аст.
Франц. Њарки набошад, барои ман вай асир аст! Љои вай ин љо нест!
Бенуа. Бубахшед, герр-комендант. Мо фаќат арзи сипос мекунем.
Франц. Шумо ќоидаи нигањдории асиронро вайрон кардед. Шумо љазо мегиред! Ман бо асир аз як хон нон намехўрам!
Анвар. Бубахшед. Ман њељ ваќт фаромўш намекунам, ки ман асири њарбї њастам. Фаќат аз эњтироми шарќї даъваташонро ќабул кардам. Вале осуда боше два ин одамони некро њам осуда гузоред, ман меравам.
Изабелл. Не, Анвар. Ту мењмон њастї.
Франц. Мењмон аз мењмон фарќ дорад. Њар кас бояд љояшро донад.
Анвар. Бале. Фарќи мо дар ин, ки маро баста овардаанд, шумо бошед, бо автомат омадед, ба сари мардум шамшер кашида омадаед.
Франц. Чї гуфтї?!
Бенуа. Ором шавед, љанобон. Ќонуни љангро ман вайрон кардам. Аммо Анвар њам ба љои он, ки мувофиќи ќонуни љанг зидди мо биљангад, духтари маро аз марг наљот дод.
Франц. Хайр чї? Вазифаи инсон њамин.
Бенуа. Бале, мо пеш аз њама, инсони давлатњои мутамаддин њастем, баъд сарбози давлатњоямон. Биёед, дањ даќиќа љангро фаромўш кунем.
Франц. Кифоя. Ман ин љавони «некдилро» тамоман аз ин љо мебарорам. (Ба дасти ў кишан мезагад.) Ў дар фермаи дигар кор хоњад кард.
Бенуа. Мувофиќи созишнома, вай ба нигоњубини аспњо машѓул мешавад. Дигарон табиати аспро намедонанд.
Изабелл (ба як тараф). Худоё, шафќат бикун. Як соат ором нагузоштед.
Франц. Ња, мисс Изабелл? Ба ту чї шуд, ки дар пеши ин сарсахт афтодї?
Изабелл. Ин як фалокат…
Филипп. Одами дуруста ќањатї зада буд? Ё худат хостї? Ман њар рўз дар њамин љо, вале гон бор наафтодї.
Изабелл. Минбаъд намеафтам.
Франц. Ња-да. Кори ту дигар тамом…
Бенуа. Хоњиш мекунам, комендант. Ин як мењмондории хоксорона аст. 
Франц. Ман аз фикрам гаштам. Шумо њам барои якравиатон љазо мегиред.
Изабелл. Мо ба маршал Филипп Петен арз мекунем.
Франц. Ман ба маршали шумо туф кардам! Вай ба ном сардори хукумати коллаборатсионии Франция аст, вале дар асл як лўхтаки дасти мост! Чї гуфтї, «маршал Филипп?».
Филипп. Мутлаќо дуруст мегўед! Аз вай нархук на ба Франсия, на ба Германия ягон фоида нест. (Бо ишора ба Анвар). Виват. Виктория.
Франц. Офарин ба аќли расоят, Филипп.
Филипп. Барои зудтар њал шудани масъала ман тайёрам, ки шуморо њамроњї карда ин хурўсчўљаро то комендатура барам.
Меравем… Ин овози чист?
Дар берун садои таркиш.
Филипп. Ин кори партизанњо будагист. Ман хабар мегирам. (Меравад.)
Франц. Ташаккур, Филиппи азиз. Ту, асир, ин тараф исто. (Ўро палмосида мебинад, ки яроќ дорад ё не.) Яроќ надорї. (Коняк менўшад). Њозир туро рост «ба љои дигар» мебарам. Як заводи хишт њаст…
Филипп дар даст автомат медарояд.
Филипп. Виват.
Франц. Нафањмидам…
Даст ба автоматаш мебарад, Анвар пешдастї карда, онро мегирад.
Анвар. Виктория.
Филипп ба сари Франц бо ќундоќи автомат мезанад. Франц меафтад.
Бенуа. Ин чї вањшоният аст, Филипп? Оќибаташро андеша намекунї!? Тамоми хонавода, асирони бечораро андеша накардї…
Филипп. Хавотир нашав. Аз мову ту, њатто аз асирони инљо буда ягон фашист гумонбар намешавад: аз хонаи ту хеле дуртар мошини инњоро таркондем, инро њам ба он љо бурда мепартоем. Амалиёт бомуваффаќият гузашт. Минаро ана ин йигит ба мошин гузошта буд!
Бенуа. Мошинашонро тарконда бошед, ин оѓози љанги ќатъї.
Филипп. Армияи Муќовимат – Ѓезистанс аз ин бегоњ ба њуљуми ќатъї гузашт!
Аз кисаи Франц калидро гирифта кишани дасти Анварро мекушояд.
Изабелл. Рањмат амакљон. Боз гумон кардам, ки шумо …
Анвар. Не, ман шубња надоштам. Мо њамроњ амал мекунем!
Филипп. Зафар муборак. Виват, виктория!
Изабелл. Ман аз ту ифтихор мекунам, амакљон.
Филипп. Дар Франция гардиши чархи таърих дигар шуд! Биё, ин нархукро ба назди њамроњони ба љањаннам рафтааш барем.
Љасади Францро мебаранд.
Изабелл. Худоро шукр. Мавсими ѓам тамом шуд, мавсими шодї расид.
Бенуа. Кош, духтарам, кошки. Оќибаташ ба хайр шавад. Биё, аз њоли асирон хабар гирем. (Мераванд.)

НАМОИШИ 3.

Чањорбоѓи Бенуа. Анвар ва Филипп аз тањхона тири тўп бароварда ба ароба бор мекунанд. Изабелл бо мењр ба онњо назора мекунад.

Филипп. Ту соњиби духтарчаи мисли худат хушрўй мешавї. Ба вай њикоят бикун, ки падараш Анвару амакбобояш Филипп њамроњи њама франсузњо соли чилу чорум ба Франция хушбахтї ато карданд! Чун нишони ѓалабаи мо ба духтарат Виктория ном гузор.
Анвар. Боз њикоят бикун, ки амакбобояш Филипп дар кўчањои пур аз танку тўпи душмани Париж мисли хонаи худ сайр мекард ва фиѓони фашистонро мебаровард. Фашистон аз дасти Филипп  њаросон Парижро тарк карданд!
Изабелл. Хуб шудааст. Мегўянд, ки амрикоињо ба Париж паздик шудаанд. Рост бошад?
Филипп. Онњо њам меоянд. Вале Париж аллакай ќариб озод шудааст. Боз андак истодагарї кунем, олї мешавад. Ин аробаи тири тўп мушњои хокистаррангро тамоман аз Париж дафъ мекунад!
Изабелл. Росташро гўед, шумо аз байни дастањои фашистон гузашта меравед, ё ки роњ тамоман озод аст?
Филипп. Љин занад, мо ба карнавали солинавї намеравем! Ин љанг аст! Намедонї ки кадом кўча дар дасти кї мондааст?! Майдони Сен Мишел дар дасти бачањои мо, дар назди Университети Сорбонн бошад, танкњои фашистї мегарданд. Ин бозичањоро барем, онњоро њам аз он љо ба назди шайтон меронем.
Анвар. Ту ба хона баргард, Изабелл. амак Филипп Парижро мисли панљ панљааш медонад. Мо њамроњи ў дар Париж њељ гоњ дарнамемонем!
Филипп. Зинда бод ишќ! Ба хотири маъшуќахоям куљоњое, ки нарафта будам. Ана акнун, дар ваќти љанг кор омад. Аммо ин чї овози нохуш?
Аз наздик садои тирпарронї.
Изабелл. Худоё, тирпарронї дар Рюэл?! Онњо боз пайдо шудаанд?
Филипп. Маълум, ки барои анбори тирњояшон омаданд. Пинњон шав, Изабелл. Ту аробаро аз ин љо бар, Анвар. Ман андаки дигар онњоро нигоњ медорам. Тиру тўпро бачањои мо интизоранд.
Анвар. Хуб. Равон мекунаму зуд бармегардам. (Аробаро мебарад.)
Филипп. Лаънатињо! Ана, шумо дар куљо!
Садои тирпарронї. Филипп њам оташ мекушояд. Тир хўрда меафтад. Анвар бармегардад. Ўро дида ба ёрї мешитобад.
Анвар. Амаки Филипп! Ба шумо чї шуд? Тир расидааст.
Филипп. Ин орденњои ман… Афсўс, ки Парижи озодро дида натавонистам. Тирњоро ба дўстони мо расон… Рўзи Ѓалаба аз љониби ман њам салют паррон. Изабеллро эњтиёт бикун… Алвидоъ. (Мемирад.)
Анвар. Не, амаки Филипп! Мо њамроњ то ѓалаба мерасем!

Аз наздик садои тирпарронї. Изабелл аз автомат як фашисти наздикомадаро мепарронад. Анвар њам тир мепарронад ва чанд граната њаво медињад, аз дасти Изабелл гирифта хам шуда мераванд.
Мусиќии ѓалаба.

НАМОИШИ 4.

Њамон љо. Бенуаи мўяш сафедшуда, дар даст тифли якунимсола. Суруди дилхароши њиљрон ба забони фаронсавї садо медињад. Анвар ва Изабелл видоъ мекунанд. Бенуа бо чашмони ашкбор бо кўдак гап мезанад.
Бенуа. Ту маро хушбахт кардї, Виктория. Вале бо омадани ту оќибат ба унвони бобої сар фаровардаму маро пир кардї. Гиря накун, Виктория. Падари ту модарљонакашро ёд кардааст, ватанашро пазмон шудааст. Мераваду зуд бармегардад ва омада турову Изабеллро ба Тољикистон мебарад. Гиря накун, Виктория. Ту рамзи муњаббати умумиинсонї њастї, ки дар оташи љанг ба вуљуд омадаї. Ту рамзи вањдати нави одамон њастї. Баланд ханда бикун, аз вањдати нав ба оламиён хабар дењ! Аз Муќовимати инсонњои нек бар зидди фашизм, бар зидди њама гуна беадолатї ба мардум дарак дењ! Виват! Виктория! Ѓезистанс!
(Меравад.)
Мусиќии фаронсавї ба савтњои тољикї иваз мешавад.
Анвар бо њама видоъ карда меравад.

Ќисми II.
НАМОИШИ 5.

Дењаи назди Душанбе. Анвар, ва Модар ба истиќболи њамдигар мебароянд.
Анвар. Оча! Очаљон!
Модар. Писаракам! Анварљон! (Аз њуш меравад.)
Аз љониби дигар Фармонов – сардори ГПУ ва ду ГПУ-чии бесухан меоянд. Бо ишораи Фармонов  ба дастони Анвар кишан мезананд.
Анвар. Барои чї?
Фармонов. Хомўш! Бо амри ќонун ту дастгиршуда њисоб мешавї! Баред.
Анвар. Монед, модарамро бинам.
Фармонов. Мумкин нест. Ту ба Модар-Ватан хиёнат кардї!
Анвар. Ин хато аст! Хиёнат накардаам!
Модар. Монед, писаракамро бинам. Хати сиёњаш омада буд, лекин умедамро наканда будам. Дар дилам ў зинда буд. Монед, ки як бор рўяшро навозиш кунам.
Фармонов. Мумкин нест. Ту писар надорї! Ин хоин аст!
Анвар. Ба ин гапњо бовар накунед, очаљон! Ман бармегардам!
Фармонов. Баред! (Анварро мебаранд.)
Модар. Худоё, фарзандамро амон дењ! Аз љанг њам саломат баргашт. Аз балои охирзамон наљот дењ… (Аз ќафои писараш тохта меафтад.)
Нолаи модар.

НАМОИШИ 6.

Идораи ГПУ. Фармонов ва Фозил. Фозил ба Филипп монандї дорад

Фармонов. Анвар Шарифовро биёред! (ГПУ-чиён Анварро меоранд.) Хўш, армияи Ѓезистанс!? Ба њама гуноњат иќрор шудї?! Ё њоло њам муќовимат мекунї!?
Анвар. Ман ягон гуноњ надорам.
Фармонов (гўё маълумотномаеро мехонад). Анвар Шарипов. Дар Финляндия ќањрамонона љангид. Вале баъд хиёнат кард, асир шуд ва давлати моро фурўхт.
Анвар. Ин тўњмат аст.
Фармонов. Падараш душмани халќ буд, писараш њам аз паси вай рафт…
Анвар. Падари ман душман набуд. Ин исбот шудааст. Ман њам исбот кардам, ки фарзанди содиќи ватан њастам.
Фармонов. Боз чї, хунвайрон? Ту боз ба њамон тараф мекашї? (Менависад).
Анвар.  Ту њоло хам аз болои ман менависї?
Фармонов. Не, тамом. Акнун ба суд медињам. Хўш… хиёнаткор…
Анвар. Бењуда љони одамонро дар азоб намон.
Фармонов. Кифоя. Гузарондї, хунвайрон! Хиёнаткор.
Анвар.  Ман бо хиёнаткор аз як њаво нафас кашидан намехоњам! Бо хиёнаткор аз як љўй об хўрдан намехоњам! Аз як хирман дон хўрдан намехоњам!
Фармонов. Ту, Анвар, хиёнаткор њастї!
Анвар. Агар ман хиёнаткор бошам, ту кистї? Фашисти куштаношуда!
Фармонов. Оњњо! Ту партияро тањќир мекунї!?
Анвар. Њар касе, ки барои озодии инсон халал мерасонад, фашист аст, њар касе ки иродаи неки инсонро мешиканад, фашист аст!
Фармонов. Ту барои ин гапат љазо мегирї! Ман њамаи шумо, хунвайронњоро ором мекунам! Љои њамаат ба он тараф – ба Сибир.
Анвар. Гўед, љавоби аризаи ман омад?
Фармонов. Омад. Имрўз партия мехоњад ба халќ нон дињад, вайронањои љангро обод кунад, заминњои нав кушояд, ту бошї, фаќат дар ѓами љони худат, бо оњу нола барои як занаки аљнабї овора!
Анвар. Маро њам озод кунеду, ободї карданро аз ман бинед.
Фармонов. Дилам ба ту месўзад. Биё, як кори хайр мекунем: њар касе ба каналкобї гузараду замини даштро обод кунад, ба вай кордор намешаванд. Туро њам ба хотири нолањои модарат оњистакак ба сохтмон мефиристем. Хапу дам каналкобї карда мегардї. Шояд то он ваќт љавоби номаат ояд. Чї гуфтї?
Анвар. Ман аз мењнат наметарсам, вале мехостам аз рўи касбам дар мактаб кор кунам. Охир имрўз муаллим намерасад…
Фармонов. Худо нигањ дорад. Дар мактаб бачањо аз ту чї ёд мегиранд? Забони франсузиро? Лозим нест. Ба мо нон даркор.
Анвар. Хуб, бигзор гуфтаи шумо шавад. Вале ман аввал бояд зану фарзандамро гирифта биёрам…
Фармонов. Дар дењаи худамон духтарњои хушрўй каманд?
Анвар. Ту чї будани муњаббатро мефањмї?
Фармонов. Муњаббат? Бале, муњаббат ба ватан, ба партия, ба халќ! Ту њам ана њамин муњаббатро ќабул куну канал ков, шояд партия аз гуноњат пурра гузараду иљозат њам дињад, ки занатро биёрї.
Анвар. Ба хотири Изабелл, ба њар хизмат тайёрам.
Фармонов. Ба пеш – ба Дашти Саѓир!
(Мераванд).

НАМОИШИ 7

Дар як тараф, майдони назди канали нав, Анвар нома менависад
Дар тарафи дигар Изабелл хастањолона мактуб менависад.
Фармонов дар байн меистад. Як-як мактубњоро кушода мехонанд.
Овози Анвар ва Изабол бо навбат садо медињад. Пас аз ќироати њар мактуб фармонов онро дарронда ба сатил мепартоянд.

Овози Анвар. Зиктбаѓ, Изабелл! Виктория…
Мактубро оташ мезананд…
Овози Изабелл. Азизам, Анвар, духтарчаат дусола шуд. Туро ёд мекунад, сурати туро мешиносад. Дар рўзи таваллудаш барои ту шеър хонд…
Мактубро оташ мезананд.
Овози Анвар. Азизам, Изабелл, барои он ба забони тољикї менависам, ки шояд мактуби моро мехонанд, бигузор аз нияти неки мо воќиф шаванд. Ба хотири дидори шумо ман кори сањроро ќабул кардаму аз дења дур шудам. Тирамоњ каналро тамом мекунему албатта ба дидори шумо мерасам…
Мактубро оташ мезананд.
Овози Изабелл. Боз моњи май расид, боз гулњои боѓи мо саросар шукуфтанд, аммо бе ту барои ман ин њама боѓу бањор маъное надорад! Дар танаи дарахте, ки баъди аз асп афтиданам маро зеро он гузошта будї, сурати туро кашидам. Чаро ба ман нома наменависї?..
Мактубро оташ мезананд.
Овози Анвар. Азизам, Изабелл, имрўзњо дар сохтмон њам тўй барпо мешавад, мо њама мардони љанговар њамроњи љавонони навхат њамроњ канал мекобем. Дар ин љо њам сари чанд ваќт љавонон ба њам дил дода тўйи арўсї барпо мекунанд. Ман бошам, фаќат туро ёд мекунам. Њар шаб Парижро, дењаи Рюэл, туву духтарчаам Викторияро ёд мекунам. Вале чаро ту мактуб наменависї? Шояд мактуби ту осонтар ба дасти ман расад. Хобамро ба ту менависам…
Лањзањои хаёлии мулоќоти Анвар бо Изабелл, мењру муњаббат, навои французї, суруди пуршўри муњаббат. Онњо ба њам наздик омадан мегиранд.
Вале ГПУ-чиён мактубњоро пайи њам оташ медињанд. Сањнаро дуду оташ мегирад. Дилдодањо ба њам нарасида дар ду тарафи оташу дуд нопадид мешаванд.
Модар пеш меояд.
Модар (ба Анвар). Анварљон, бачем, њама тинљї шуд. Чаро ѓамгинї?
Анвар. Очаљон, ман дигар њаргиз зану фарзандамро дида наметавонам. Њама дарњо ба рўи ман баста. Њамагї як нома омад, ки Изабелл… вафот кардааст.
Модар. Не-е-е!
Нолаи умум.
Дар як гўшаи сањна мактуб дар даст Изабелл меояд. навои «ностальжи» садо медињад. Изабелл мегиряд.
Изабелл. Медонам, ки сиёсати давлатњои мо номафњум аст, медонам, ки байни давлатњои мо «девори оњанин» њаст. Вале мудом як гўшаи дилам шод буд, ки Анвари ман дар як гўшаи дунё саломат асту умеди висол боќист. Вале бо ин мактуби дилкушу офатбор, ки аз мулки шўравї омадааст, чї кор кунам? (Номаро мехонад.) «… Бо андўњи калон ба шумо хабар медињем, ки дўсти шумо Анвар Шарипов баъд аз бемории дурудароз дар зодгоњаш вафот кард…»
Нолаи умум.
Эњ, Анвар, Анвар. То зиндаам, бо ёди ту хоњам буд. Бо ёди ту фарзандатро калон мекунам. Номи ўро ба Изабелл мегардонам. Шояд ки замоне ў диёри туро хабар гираду ба манзилат аз номи ман гулдастае монад. 
Меравад.
Суруди «Носталжи».
Дар майдон Модар ва Анвар. Њамаи дигарон њайрону ночор мондаанд.
Модар. Писарам, Анварљон. Дили ту бузург аст. Гитлери «деви њафтсарро» нобуд кардед, бо даст каналњо кофта мардумро аз бенавої халос кардед. Дили ту бузург аст, дар дили ту њам мењри дилбарат меѓунљаду њам муњаббати модару диёрат. Додаракону хоњаронат калон шудаанд, дар ин дењи кўчак дигар намеѓунљанд. Бубин, бачем, њанўз ашки модарону ятимон нахушкидааст, њанўз заминњои мо кишт нашуда мондаанд, њанўз боѓњои мо ба њосил надаромадаанд. Аз 47 мардњои дења аз љанг фаќат чор нафари шумо солим баргаштед. Мо имрўз барои дард кашидану гиристан фурсат надорем. Аробаи зиндагиро кашидан даркор. Њама умед бар ту аст, бачем. Ноумед нашав. Шояд рўзе фарзандатро бубинї.
Анвар (вазнинона пеши ароба ќарор мегирад.) Муќовимати сарбозон алайњи нодорї, ќашшоќї, дарду њасрат идома дорад. Ба пеш! Танњо ба пеш!
Аробаро бо душворї, сипас осонтар кашола карда мебаранд. савти мењнат ва «носталжи» омехта садо медињанд. Барандаи радио мехонад.
Овоз аз радио. «… Собиќ љанговарони Армияи Советї Анвар Шарифов, Фозил Солењов, Мирзо Пўлодов, Њаким Бобоев ва дигарон дар кори азхудкунии заминњои нав њиссаи сазовор гузоштанд!
… Нерўгоњи барќи обии Норак аз неруи бозуи собиќадорони љанг Анвар Шарифов, Фозил Солењов ва дигарон ќувват гирифт…
… Дар кори барќарор кардани њукумати конститутсионии Тољикистон сарбозони собиќи Љанги Бузурги Ватанї Анвар Шарифов ва дигарон њиссаи сазовор гузошта, љавононро ба халъи силоњ даъват намуданд»…

ЭПИЛОГ

Изабелл-Набера ва Анвар Шарифови пири хаста меоянд. Ароба дар байн.

Изабелл-Набера. Ман ба шумо пурра бовар мекунам! Ман набераи Изабелл, духтари Виктория мешавам. Шумо бобољони ман њастед. Шуморо њамон хел дарёфтам, ки бибиљонам Изабелл њикоят карданд. Он кас фаќат дар ёди шумо буданд! Ба он кас њам мактуби дурўѓини марги шумо расида буд. Ба ман васият карда буданд, ки имкон шавад, замоне манзили шуморо аз номи он кас зиёрат кунам.
Анвар. Худоё, моро фиреб доданд. Як умр фиреб доданд.
Изабелл-Набера. Шодам, ки шуморо саломат мебинам.
Анвар. Эњ, Изабелл, дили ин сарбози пир садпора шудааст: мо ѓалаба кардем, вале мўњтољи ёрии онњоем, ки маѓлубашон карда будем.
Изабелл-Набера. Ин ќонуни вањдати нави одамон аст: дирўз шумо ба Аврупо кўмак расонида будед, имрўз тамоми љањон ба шумо кўмак мекунад. Ин њам Муќовимат аст алайњи ќашшоќї ва љанг.
Анвар. Шиори армияи Муќовимат… «Вазифаи њар як шахси соњибдил – Муќовимат алайњи дарди инсон аст!». Муќовимат идома дорад.
Дилашро дошта менишинад.)
Изабелл-Набера. Ба шумо чї шуд, бобољон?
Анвар. Аѓме де Ѓезистанс! Набераи ман кори моро давом медињад…
Изабелл-Набера. Худатонро ба даст гиред! Худи њамин рўз ба модарам барќия мефиристам. Шуморо ба Париж мебарем! Табобат мекунем! Ман шуморо дўст медорам, бобољон! Имрўз хушбахттарин рўзи ман аст, бобољон! Мавсими ѓам тамом шуд, мавсими шодї расид, бобољон!
Анвар. Дили ман ба дард одат кардааст. Ба ман дигар чизе даркор нест. Шукр, ки туро дидам. Ба назди Изабелл рафтан мехоњам…
Изабелл-Набера. Ёрї дињед! Њозир худам бо мошин духтурро меорам.
Давида меравад.
Савти суруди «Носталжи» баланд мешавад. Садои набзи дил.
Анвар. Изабелл… Муќовимат… Худољон…
Суруд њама овозњоро пахш мекунад. Набзи дил.
Њама ќањрамонони намоиш оњиста-оњиста ба сањна мебароянд. Изабелл ба назди Анвар омада, ба хестанаш ёрї медињад, ба дасташ шамъ медињад. Анвар, Филипп, Изабелл ба пеш ќадам мезананд, ќадамзанї ва роњи онњо беохир аст, шамъи дасташон роњи дигаронро равшан мекунад. Дигарон њам аз ќафои онњо ќадам мезананд.
Навои Муќовимат идома дорад.

ПАРДА.

Душанбе. 2004 - 2014 с.


Рецензии