Хоби чаппа мазхака

ХОБИ ЧАППА

(Мазњакаи муболиѓаомез дар ду ќисм)
(Баъди «Тўйи бедомод»)




Душанбе – 1990 с.

Очаи Бика –
Очаи Зика –
Шаммабой –
Каврак –
Гулзира –
Зафар –
Досалї –
Зилзила –
Духтур –
Аъзо –
Носуда –
Нозгул –






ВОЌЕАИ РЎЗЊОИ МО






ПРОЛОГ.
Маљлисгоњи дења – майдончае дар боѓ, вале ба љои дарахтон гўё пуфак рўидааст. Деворњо гўё ѓарани хасбеда мебошад. Дар байни сањна болои ѓарами хасбеда хонаи Каврак љой гирифта, зинапояе онро  бо маљлисгоњ мепайвандад. Њама љо пуфак, шифњои гуногун дар пуфак навишта шудааст. Иштирокчиёни намоиш шиорњо дар даст танњову љуфт  ба сањна медароянд. Аз паси пуфаке Зафару Гулзира аз хунуки ларзида мебароянд.
Зафар – њозир митинг сар мешаваду њама дарду доѓи мо тамом мешавад.
Гулзира – Ягона дилгармии ман дар ин дунё  муњаббати ту аст. барои ту хонаи гарми падару модарро партофтам, барои ту 5 сол ба гилаву љингилаи хушдоман тоќат кардам. Ана оќибат аз њамон ѓурбатхона њама пеш карданд, вале парво надорам. Чунки ту њастї….
Зафар – Њамааш мешавад, азизам.
Гулзира – Кай?
Зафар – Њамин рўз! Худи њозир! – Муњаббат ва митинг моро наљот медињад!
Њама шиорњоро бардошта митингро оѓоз мекунанд.
Очаи Бика – Ба боди бозсозї ављи нав!
Очаи Зика – Ба демократия мављи нав!
Зилзила – Маоши говљўшњо  зиёд карда шавад!
Досалї – Маоши подабонњо зиёд карда шавад!
Зафар – Маоши аробакашњо зиёд карда шавад!
Гулзира – Ба њар љмарљ хотима дода шавад!
Шаммабой – Ба кооператив “Пуфак” роњи сафед!
Зинда бод ошкорбаёнї!
Носуда – нест бод борон!
Нозгул – Нест бод гармои тобистон!
Досалї – Говњо бо алаф сер карда шавад!
Маоси говњо садои одамонро пахш мекунад.
Њама – Моро кї наљот медињад?! Кї алаф меёбад?!
Каврак – Њизби ростравњо талаб мекунанд, ки алаф пайдо карда шавад.
Њама – Дуруст.
Зафар – Њизби каљравњо ба шумо мурољиат менамояд: њама ќувва барои алаф равона карда шавад!
Њама – Дуруст.
Шаммабой – Њизби салласафедњо пешнињод мекунанд, ки шахси алафёфта ќањрамони миллї эълон карда шавад!
Њама – Дуруст!
Досалї – Њизби таёќбадастон талаб мекунанд, ки говњо аз алаф сер карда шавад!
Њама – Дуруст1
Маоси говњо садои одамонро пахш мекунад. Одамон баландтар дод зада даст меафшонанд, вале садои говњо баландтар садо медињад. Нохост Духтур дар як даст бандчаи алафу дар дасти дигар соябон меояд. Одамон бо њайрат назди ў меоянд. Духтур аввал метарсад.
Овозњо – Мўъљиза! Мўъљизаи асри ХХ.
- алаф дорад! Алафи тару тоза!
- Соябон њам дорад!
Досалї – Додар, алафа чї хел ба даст овардї?
Зилзила – Ин моли хориљї аст, ё худї?
Каврак – Албатта, моли хориља аст1
Овозњо – Аз Америка!
- Не ин аз Канада!
- Не, аз Мозамбик!
- Ёфтам! Аз Инглистон!
Духтур – Њо, ана, аз он љо, доманаи пушта пури алаф. Аз њамон љо гирифтам.
Каврак – Чї хел?!
Духтур – Ана њамин хел бо дастам кандам. Маро бубахшед, ду то харгўш дорам….
Њама – Урра! Говњо наљот ефтаанд!
 - Ин роњи халосї ёфт шуд
 - Ин кас ќањрамони миллї эълон карда шавад!
- Урра! Урра!
Досалї – Ба мо њам роњи ёфтани алафро нишон дињед.
Њама – моро наљот дењ!
- Илтмос, не нагўй!
Духтур – Хуб шудааст. Хуб.
Зилзила – (нохост ба духтур). Ин чї акаљон?
Духтур – Ин соябон!
Зилзила – ин барои чї даркор?
Духтур – Мм…. Ана ин хел болои сарат гирї, офтоб таъсир намекунад, аз борон тар намешавї. Хулоса, хушбахт мешавї.
Зилзила – Чї хел шумо доно!
Њама – Моро њам хушбахт гардонед!
Духтур – Бо љону дил.
Гулзира – Ин душвор нест?
Духтур – Не, сон аст. Ин љо шинед. Ором шавед. Њама гуна фикрњоро аз саратон дур андозед. Ман то дањ њисоб мекунам, хобатон мебарад, аз хоб, ки хестед хушбахт  мешавед. Як чашмонатонро пўшед. Зўр назанед. Ду…. Мушакњои баданатонро суст кунед…. Се…. Шумо хоб кардан мехоњед, чунки шумо сер, замона тинљ. Чор…. Дўконњо пури молу манол. Панљ…. Шумо ягон ѓаму ташвиш надоред. Шаш…. Атроф боѓи бињиштї, њавои дилкаши софу беѓубор. Њафт…. Шумо чї будани азоб, мењнати гаронро њис намекунед. Њашт…. Пас аз ин хоби роњоат шумо аз дўконњои пурмол, хандву шодии дастон илњоми нав мегиред. Нўњ…. Хушбахтии шумо як бар сад меафзояд. Шумо хушбахттарин одамони рўи замин њастед. Дањ…. Хоб кунед. Хоб кунед.
Њамаро хоб мебарад. Чароѓи сањна лањзае торик мешавад. Нохост њама њушёр шуда ба чор тараф медаванд, вале намедонанд, ки ба куљо, бинобар ин то дару девор расида боз ба ќофа метозанд.
Каврак – Истед! ИН хел кори мо пеш намеравад. Њазору як шўрои сањавї ташкил кардем, њизбњои нав ба нав сохтем, вале говњои мо аз алаф сер нашуданд. Акнун як саршўрои баќуввате даркор, ки њукмашро ба њамаи шўроњои дигар гузаронанд. Чї гуфтед.
Њама – Дуруст!
Каврак – ин хел бошад, аз њар шўрову њизб барои саршўро якнафарї пешбарї карда шавад. Он кас инчунин ба вазифаи “Раисии шўро” пешнињод карда шавад. Чї гуфтед?
Њама  - Дуруст!
Каврак – Сар кардем.
Маъракаи серѓавѓои овоздињї фаро мерасад.
Шаммабой. Њар касе, ки ба тарафдории ман овоз дињад, соњиби калўш мешавад! (Аз љайб пуфакњои навиштаљоти “Калўш” ва “Собун” доштаро ба адмон таќдим мекунад).
Каврак – Ба касе шиферу хишту тахтаю Чархи мошин даркор бошад, ба тарафдории ман овоз дињад!
Очаи Бика – (Дањони халтаашро кушода). Гадоям, саќоям, як овози мубораки худро ба тарафдории ман садаќа кунед.
Гулзира – Рафиќон, ба тарафдории ман овоз дињед! (Навозандагонро зорї карда суруд мехонад. Овоздињандагон ба ќутти дасти ў овозхатњои худро мепартоянд).
Досалї – Ба њар, ки нохуни гург даркор бошад, ба тарафдории мани чўпон овоз дињад.
Зафар – Агар ба ман овоз бахшед, каратеро ёд медињам, набошад аз чанги ман халос намешавед. Ана ин хел. (усулњои каратэро нишон медињад). Њия! Њия!…. Њия – Њия!
Носуда – Ба кї самбўса даркор? Арзон медињам! Ба як овоз ду самбўса!
Зилзила – ба њавои овози Гулзира раќс карда ќутти дасташро моњирона истифода мебарад.
Зилзила – Ба раќси ман диќќат дињед, мардум! ман барин раќќоса дар дунё як – то! Ба ман овоз дињед!
Овоздињандагон – Гоње шодї, гоње ношод дањону дандону шикаму синаву мўи сари кафши пою галстуки интихобшавандањоро санљида овозхатњои худро ба ќуттињои онњо мепартояд.
Сипас овозњоро њисоб мекунанд.
Шаммабой – Рафиќон! Дар даври охирин барои интихоби раиси саршўро номзад монд: Кавраки начайлуки мошинњо ва Очаи Бика. Аз ду бояд якеро интихоб кунем. Сухани аввал ба Каврак. Марњамат.
Каврак – Рафиќон, як сол боз говњои ќишлоќ беалаф. Барои ин чї лозим? – Пеш аз њама ба мо ошкорбаёнї даркор. Шармандагии мост, ки то њол дар ќишлоќи мо ошкорбаёнї нест.
Досалї – Ошкорбаёниаш чї?
Очаи Зика – Яъне, ки мисли мо њар гуна гапа гуфтан мегирї.
Каврак – Ња. Дуюм демократия лозим. Мефањмї, Досалї?
Зилзила – Яъне, чї номаъќулие, ки хоњї кардан мегирї.
Зафар – Яъне, мисли Зилзила дар мошини касе, ки хоњї, нишастан мегирї.
Зилзила – Алалмат кунад.
Каврак – Нињоят, Кооператив лозим. Кооперативи Шаммабой метавонад фермаи њозиразамон созад, обанбор созад, сатњи зиндагиро баланд бардорад….
Маоси говњо лањзае садои Кавракро пахш мекунад.
Досалї – обанбор, созї, чарогоњ таги об мемонад, гговњоро чї хел сер мекунї?
Каврак – Дар атрофи обанбор курортњо месозем, аз њар мамлакат сайёњан меоянд, баъд бо валюта аз хориља алаф мехарем.
Носуда  - Гапаш маъќул.
Досалї – Бузак – бузак, намур, ки Бањор меояд.
Очаи Зика – Ин ваъдањоро иљро карда метавонї?
Каврак – Бо ёрии шумо аъзоњо, депутатњо, калонњо, албатта.
Шаммабой. Рафиќо, кифоя. Ваќт кам. Маълум, ки дар ягон кор ба Каврак ягон кас баробар шуда наметавонад. Акнун навбат Очаи Бика.
Очаи Бика – Отањо, Очањо, акањо, апањо, ваъдаи бисёр – як Хара бор. Ман аввал магазина обод мекунам, чою ќанду гўшту равѓан, либосњои ялтар – юлтар фаровон мекунам! Ман на ба Умеди депутатњотон мешаваму на ба Умеди пепутатњоятон. Худам зўр мезанам. Бо почои Америка, Англия, Франция, Япония ва дигарњояш гап мезанам….
Очаи Зика – Пепутаташ – калоншавандањои район – да. Бачањои хубанду аз дасташон ягон кор намеояд. Дар боло гапашон намегурад, барои њамин пепутат мегўем. Набошад, чї хеле, ки як олими амрикої гуфт, мо дар болои тилло мегардем, њар сангу чангу мо тилло, тилло…. (Маоси говњо сухани ўро лањзае пахш мекунанд).
Досалї – Ту говњои моро бо заре зевар сер мекунї?
Очаи Бика – Зару зевар, чою ќанд, равѓан, латтаи ялтар – юлтур, ки фаровон шуд, мардум ба зиндагї дилгарм мешаванд, дилгарм, ки шуд, њам говњоро сер мекунад, њам бузу гўсфандашро.
 Носуда – Гапаш маъќул.
Очаи Зика – Барои ин бу та чї ќадар ваќт лозим?
Очаи Бика – 10 рўз кифоя. Агар дар 10 рўз нашавад, подшоњиро бас мекунам.
Зафар – Афсонаи сесона – се мурѓи дари хона.
Шаммабой – Хайр аз кампири бечора дигар чї гила. Изои мўъмин њаром гуфта, ба овоздињї мегузарем.
 Њама – Дуруст.
Шамабой – Марњамат, овозхатњоро ба ин ќуттї партоед.
Маъракаи интихоботї бо шўру шари бештар такрор мешавад. Кавраку Очаи Бика дар ду гўшаи муќобили сањна нишаста ба мардум ваъда медињанд. Овози онњо бо мусиќии љўр шуда гоњ – гоњ баъзе калимањо шунида мешавад.
Каврак – Чархи мошин бемалол….
Очаи Бика - …. (Либосњои ялтар - юлтур).
Каврак - …. Собу, калўш….
Очаи Бика – дар тўи њамаатон хизмат….
Каврак - …. Шифер, тахта, хишт….
Очаи Бика - …. Самбўсањои алафї….
Каврак - …. Шуморо ба коммунизм мерасонам.
Очаи Бика – Дар дањ рўз дењаро  ба дараљаи Амрикову Англияву Япония мерасонам!
Хомўшї. Овозњоро њисоб мекунанд.
Гулзира – Бо аксарияти овоз Очаи Бика раиси Саршўро интихоб шуд!
Њама – ОЊ!
    АЊ!
    ЭЊ!
    ВОЙ –И!
Каврак – (Ба Шаммабой). Ту мана куштї!
Шаммабой – Њама њаракати ман барои ту буд. Њељ боварї надоштам, ки вай талаба мекунад.
Каврак – Зуд ягон илољ ёфтан даркор!
Шаммабой – Илољ њаст. Барои чї њамон дањ рўзи ваъда додаи Очаи Бикаро истифода набарем?
Каврак – Чї хел?
Шаммабой – Дар ин дањ рўз чунон кор барам, ки ягон масъала њал нашаваду сари њама дард кунад. Ана баъд як духтури рўњшинос меорем. Духтур ин њодисањоро чанд рўз бо гипноз мехобонад. Ана баъд раисро њам аз кор мегирем, кооперативамонро њам ќонунї мекунем, њамаи дигар масъалањоро њам њал мекунем. Чї хел?!
Каврак – Ёфтї! Офарин!
Шаммабой – Пеш аз њама ту худатро ба касалї зан, дили дигарњоро худам меёбам.
Каврак – Хуб.
Шаммабой – Амалиёти “ХОБИ ЧАППА” – ро оѓоз мекунем!
Гулзира – Зафар, ба фирам маљлис дер тамом мешавад. Имшаб дар хонаи кї хоб мекунем? Зани таѓоям гуфт, ки як – ду рўз ба ягон љои дигар равед.
Зафар – Парво накун, аз њама муњимаш мо ѓалаба кардем! Акнун саршўро њам моро хушбахт мегардонаду њам тамоми ќишлоќро!
Очаи Бика – Рафиќо! Майлис воз. Мо барои номаъќулї наомадаем. Бояд масъалањои бисёра њал кунем, њаёти халќа пеш барем. Њозир бояд љонишин интихоб кунем. Вай бояд одами зўр бошад.
Шаммабой – Бале. Љонишин бояд мисли раис, балки аз раис њам донотару чаќќонтару корбудкунанда бошад. Ин хел одам якта.
Очаи Бика – Ња, якта. Вай – Очаи Зика! Кї тарафдор, ки Очаи Зика љонишини ман шавад? Аксарият. Ба ин тараф гузар.
Очаи Зика – Рањмат, хешо.
Очаи Бика – Акнун масъалаи дигари муњим чї?
Шаммабой – Масъалаи кооператив!
Очаи Зика – Намешавад. Духдидаатро ќонунї кардани?
Каврак – Ин љонишин ба мо халал мерасонад.
Шаммабой – Фањмидам. Њозир ташкил мекунем.
Очаи Бика – Ки тарафдор? Фаќат ду кас. Нашуд. Акнун масъалаи….
Досалї – Сер кардани говњо! Ин масъаларо бинед.
Очаи Бика – Мо дар бораи масъалаи байналхалќї гап мезанем, ту бошї, аз гову гўсолаат дуртарро намебинї, чўпони содда.
Каврак – (Ба Шаммабой). Дер нашавад. Газа зер бикун.
Шаммабой – Хуб. Амалиёти якум. “Хоби чаппа”!. (БА Очаи Зика гўшакї мекунад). Мегўянд, ки њамаи алафа шўи Очаи Бика ба хонааш бурд.
Очаи Зика  - Ба Худо?
Шаммабой – Шунидагии ман њамин.
Очаи Бика – Боз таклиф њаст?
Очаи Зика – Њаст! Масъалаи алаф њал шуд! агар шўи раисамон, яъне отаи Бика, њамаи алафњои дуздидаашро ба ферма баргардонад, говњо боз як соли дигар сер мегарданд.
Досалї – Чї гуфтї?!
Очаи Зика – Бо њамин чашмам дидам, ки шўи раисамон њар сањару бегоњ алафи фермаро ба хонаашон мекашонад! Имрўз њам бурд!
Њама – ОЊ!
    АЊ!
    ЭЊ!
    ВОЙ – Е!
Очаи Зика – Сияњпичармарг шавам, ки рост. Дина як мошин кунљора њам гирифт!
Очаи Бика – Дурўѓ! Тўњмат!
Очаи Зика – Њозир даври ростї. Росташа мегўем!
Гулзира – Як моњ боз кунљора намондааст.
Досалї – Як њафта боз алаф њам наовардаанд.
Каврак – Дуруст.
Очаи Бика – Рафиќо! Ба гапи душман бовар накунед! Тўњмати ноњаќи Очаи Зика фош шуд!
Каврак – Дуруст. Ин тўњмат да њаќќи раисамон.
Шаммабой – Тўњмат дар њаќќи шўрои мо!
 Њама – ОЊ!
    АЊ!
    ЭЊ!
    ВОЙ – Е!
Каврак – ман таклиф мекунам, ки Очаи Зика аз вазифааш озод карда шавад!
Шаммабой – Дуруст. Умуман, ду кампир дар як љой кор карда наметавонанд. Озод карда шавад.
Очаи Бика – Киро љонишин интихоб кунем?
Каврак – Марди донову босаводу корбудкун якта….
Очаи Бика – Бале, носудамоњ! Њам доно, њам бало.
Шаммабой – Оњ!
Очаи Бика – Ба ин таклиф кї розї? Аксарият. Муборак шавад.
Очаи Зика – Вой сарам – е.
Каврак – боз нашуд – ку.
Шаммабой – њамин рўз бо дасти чап хеста будаам. Вале њељ гап не. Бо њамин дасти чапам њамаи инњоро дар љояшон мешинонем.
 Каврак – Дуруст. Вале Носудааш кирои гап не. Мо филњоро занем, харгўшчањо худ ба худ нест мешаванд.
Очаи Бика – аз боло гузаред, Носудамоњ. Акнун масъалаи алаф њал шуд. хулоса, саршўро ќарор мебарорад, ки алаф зиёд карда шавад.
Њама – Дуруст!
Досалї – Вале ки зиёд мекунад? Чї хел?
Шаммабой – Ин ќарор ба шўрои чорво мерасад, баъд ба Мудири ферма, баъд ба ту. Ту зиёд мекунї.
Досалї – Уф, говњо бо ќарор сер намешаванд. Вой сараме!
Очаи Бика – Ќарор ќабул шуд. дигар гап нест. Боз чї масъала?
Каврак – маоши ронандањо бояд зиёд карда шавад!
Њама – Дуруст.
Досалї – Аз њисоби кї?!
Шаммабой – Албатта, аз њисоби даравгарњо.
Њама – Дуруст.
Очаи Бика – Хулоса, маоши аробакашњо аз њисоби даравгарњо зиёд карда шавад.
Досалї – Охир худи даравгарњо дарав кардан намехоњанд! Мегўянд, ки маош зиёд карда шавад.
Зафар – Пеш аз њама маоши даравгарњоро баланд кардан лозим.
Њама – Дуруст.
Очаи Бика – Хулоса, маоши даравгарњо зиёд карда шавад.
 Њама аз њисоби кї?!
Каврак – Коркунони ферма, албатта.
Очаи Бика – Аз њисоби говљўшу подабонњо зиёд карда шавад.
Њама – Ура, зиёд карда шавад.
Зилзила – Чї хел?!
Досалї – Ин беадолатї!
Зилзила – Шўяма гирифтед, замина гирифтед, акнун њамон маоши маоши дупуларо њам мегиред!?
Очаи Зика – Вазнин шавед.
Зилзила – Не, кифоя! Худи њозир маоши говљўшњоро ду маротиба зиёд кунед! Набошад, дигар говњоятонро намељўшам!
Очаи Бика – Хуб. Мењнати шумо њам сахт. Ќарор медињам, ки маоши говљўшњо зиёд карда шавад.
Њама – Аз њисоби кї?!
Очаи Бика – аз њисоби ронандањо!
Њама – Дуруст!
Каврак – Номаъќул кардед! Ягон ронанда дигар алаф намекашонад. Ин ќарори коллективи мењнатї аст!
Очаи Бика – Вой сарам – е! чї кор кунем? Ин масъаларо дар Маљлиси оянда мебинем.
Шаммабой – (Ба зилзила). Масъалаи замина бардор.
 Зилзила – Хуб.
Очаи Бика – Масъалаи шашум….
Носуда – Масъалаи саќичи сафед! Барои чї саќичи мардум аз сохтмонњои давлатї гирфта бемалол ба хона меоранду саќичи сафеда фаќат аз љаллобњо мехарам? Минбаъд саќичи сафед барои ягон ќисми сохтмон дохил карда шавад, то ки бемалол онро њам ба хона кашонему шикамсерї саќич хоем.
Њама – Дуруст!
Очаи Бика – Ин њам њал шуд. масъалаи аз њама муњим….
Зилзила – Масъалаи ба ман додани нисфи замини шумо, њама медонанд, ки ман модари танњо, боз аъзои облиском, дута бачаро бепадар калон мекунам. Ба ман гуфтанд, ки аз куљое маъќул бошад, замин гирфита медињем. Ба ман замини њавлии Очаи Бика маъќул шуд. аз њавлии ў ба ман замин даркор.
Њама – Дуруст.
Очаи Бика – Оњ. Фишори хунам хест.
Шаммабой – Ин масъалар ба овоз мемонем.
Зафар – Истед. Агар замин бошад, аввал ба мо медињем.
Зилзила – Барои чї?
Зафар – Навбати мо якум. Мо њам ба наздикї се кас мешавем.
Њама – Дуруст.
Очаи Бика – Гулзираљон, ин беаќлї кард, ту њушёр шав.
Шаммабой – Дуруст. Кї тарафдори он, ки Гулзира таваллуд накунад?
Њама – Дуруст. Њама тарафдор!
Каврак – Ин ќарори нодуруст. Чї хел фармон медињї, ки Гулзира таваллуд накун. Ин гапи хандаовар.
Зафар – Ту ба шикми зани ман кордор нашав.
Каврак – барои фоидаи шумо мегўям.
Зафар – На фоидаат даркору на зарарат!
Каврак – Вой сарам – е! гап њам зада намешавад.
Гулзира – Ором шав , Зафар.
Зафар – Ту њам тарафи инро мегирї?
Гулзира – Охир вай дуруст мегўяд….
Зафар – Боз як бори дигар тарафаша гирї, аввал худама мекушам, баъд ина! БА ИН ТАРАФ омада шин!
Гулзира – Оњ, сарам – е!
Шаммабой – Акнун ба масъалаи ба Зилзилаву Гулзира додани нисфи замини Очаи Бикаро мебинем. Кї тарафдор?
Гулзира – Истед! Шумо куљо метозед! Биёед, зиндагиро дуруст кунем, одамонро сер кунем, молро аз њалокат наљот дињем, барои кўдакон як олами чор ишкелаш бутун созем. Халќ интизор! Интизори амали љиддї!
Шаммабой – Дуруст, вале осиёб ба навбат. Аввал масъалаи замини раисро њал мекунем. Кї тарафдори Таќсим кардани замини раис? Аксарият тарафдор.
Очаи Бика – э вой, сарам – е!
Гулзира – ман ин заминро намегирам.
Шаммабой – Ќарори саршўро ќонун аст. ќонун бояд иљро шавад. Набошад љазо мегирї.
Гулзира – Вой сарам – е. чї шармандагї!
Зилзила – Боз бењтар. Њамаашро худам мегирам.
Очаи Бика – Намедиња! Як ваљабаш њам насиб намекунад!
Зилзила – Ман калонњои вилоятро оварда, зўран заминатро мегирам. Агар ёрї надињед, њамаатонро гунањгор мекунам! (Мервад).
Каврак – Ин бало, њамаи моро суд карданаш мумкин.
Њама – Вой сарам – е!
Шаммабой – Бо ин дарди сар ягон кор пеш намеравад.
Каврак –Ягон духтури рўњшиносро овардан даркор!
Очаи Бика – Кашпировский даркор!
Шаммабой – Рафиќон, кооперативе, ки мо сохтан мехоњем, њамакора аст. агар шумо барои кушоиши кори мо фатво медодед, мо њама духтурњои рўи оламр ёфта меовардем.
Очаи Бика – Ин њел бошад, ба овоз мемонем. Кї тарафдори кушодани кооперативи Шаммабой? Њама тарафдор.
Шаммабой – Рањмат, хешо.
Очаи Бика – Зуд Духтур биёр, аввал мо, аъзоњоро табобат кунад. То омадани Духтур ба њама љавоб.
Досалї – Масъалаи гову алаф чї шуд?
Очаи Бика – Духтур, ки омад, гову алаф њам сер мешавад.
Досалї – уф….
Як – як баромада мераванд.
Каврак – Аввалааш бад не. Газа зер кун! Акнун навбати Зафар.
Шаммабой – Хуб. (Назди Зафар меояд). Зафарљон, эсу биё. Биё, ба кооперативи ман дохил шав, њар моњ камаш 1000 мегирї. Фаќат мошината меронї. “Волга” – и  наппа нав дорем. Ана ин 500 сўм аванс. Гир, не нагўй. Њар рўз ошро дар хонаи каврак мехўрем. Зани наваш ба мо хизмат мекунад..
Зафар – Инаш аљоиб.
Шаммабой – Аљоиботњо дар пеш: њама шањрњои олама мебинї, лаби дарё, лаби бањр, лаби оимчањои таранс…. Ана, ин калиди мошин. Гирифта биёр, њардуямон барои овардани Духтур меравем. (њарду мебароянд).
Кавраку Гулзира пеш мебароянд.
Каврак – Мошин тайёр, биё то ферма барам.
Гулзира – Ташаккур, пиёда меравам.
Каврак – Ња, аз шавњари бадрашкат метарсї?
Гулзира – Барои њамин аз ман дуртар гардеду њар хел гап назанед. Одами навхона ба арўси худаш гап мезанад!
Каврак – Шўи ту ба дигар занњо гап медињад – ку?
Гулзира – вай мард аст! (Меравад).
Каврак – Њм….Исбои мекунам, ки ман њам мардам!
Носуда ва Очаи Бика меоянд. Сипас Гулзира омада дуртар аз онњо нишаста яизе менависад.
Очаи Бика – Хўш, ки бошад, масъалаи дигари нозуки сиёсї масъалаи бисёрњизбї. Дар ин бора фикри ту чї?
Носуда – Намедонам.
Очаи Бика – Ин хел “Намедонам” нагўй – да! Ман – ку, туро медонам, дигарњо фањманд, носужамоњ расо нодон будааст гуфта механданд.
Носуда – Ња, акнун фањмидам.
Очаи Бика – Хулоса, мо њам ба бисёр њизбї гузарем, ё нагузарем?
Носуда – Агар дигар ќилшоќњо гузашта бошанд, мо њам гузаштан мегирем! Мо аз дигарњо чї камї дорем? Набошад, моро аз дунё аќибмонда мегўянд.
Очаи Бика – Офарин! Дидї, чї хел доно будаї! Навис, ки….
Очаи Зика меояд.
Очаи Зика – Очаи Бика, гапи нава шунидї?
Очаи Бика – Дар бораи љанги Ироќ?
Очаи Зика – не ин гапи кўњна.
Очаи Бика – (бо Носуда паст). Ин њуљљати муњими давлатиро дар хона тайёр карда биёр. Ягон кас нафањмад.
Носуда – Хуб. (Меравад).
Очаи Зика – Њозиракак маълум шуд, ки….
Очаи Бика – Шаммабой бо Духтур маслињата пазонда….
Очаи Зика – Ин њам гапи кўњна. Духтур аллакай дар ќишлоќ.
Очаи Бика – Ња, ёфтам! Зафар шофирии кооператива бањона карда зуд – зуд ба хонар каврак мењмон шуда, Ош мехўрдааст. Њамин њам гап шуд?
Очаи Зика – Э, ту раис шуда аз гапу кори дунё бехабар мондї. Ана, бо чашми худат бин.
Дар хонаи каврак Нозгул ва Зафар. Зафар аллакай ширакайф.
Нозгул – Кашам?
Зафар – Чиро?!
Нозгул – Араќа.
Зафар – Кошки.
Нозгул – Кашам?
Зафар – Чиро?!
Нозгул – Ошро.
Зафар – Э, албатта! Боз чї?
Нозгул – осиёб ба навбат.
Зафар – кайф дар ин љо будаасту мо бехабар.
Нозгул – Шумо дар кооперативи мо кор кардан намехоњед – ку?
Зафар – Нодон будам. Акнун зада пеш кунан њам, ба њељ куљо намеравам!
Нозгул – Ба хонаи дарун дароед.
Зафар – Барои чї, азизам?!
Нозгул – Љогањ партафтагї.
Зафар – Наход?! (Ба хонаи дарун медарояд).
Нозгул – Ягон соатак дам гиред.
Зафар – Шумо чї?
Нозгул – (Дарро зуд мањкам мекунад). Ман хизмат мекунам. Њозир бароятон як шўрбои тундакак меорам.
Зафар – (Аз хонаи дарун). Не, шўрбо даркор не. Ман садќаи шўрбо шавам!
Нозгул – Мурам дар ту, бењуда дод зада овозаю шарманда накун. Њозир шўрбо тайёр мешавад. Ягон соатак хоб кун.
Очаи Зика – Дидї, чї хел гапњо будааст?!
Очаи Бика – Ња – а.
Очаи Зика – Бо вуљуди њамааш гапи нав дигар: Зилзила худи њозир дар таги “Волга” – и сафеди як шалапўш ба њамин тараф меоянд.
Очаи Бика – Чї волгасёњаш ояд, чї волгасафедаш, ба ман чї?
Очаи Зика– Гап дар Волга Неву дар шаллапўш: вай нисфи замини туро гирифта ба Зилзила медодааст.
Очаи Бика – Ту донї Худо?
Очаи Зика – Ба ту дуруѓ мегум, ба Худо рост. Аллакай маслињат пухтааст. Шаммабой як бузаша кушта кабоб кард.
Очаи Бика – Вой, сарам – е! тезтар Духтур биёяд, ки мемурам! Кошки дар аптик доруи дарди сар бошад. (меравад).
Очаи Зика – Хубат шавад, аз ин бадтар шавад! Илоњи шўи ту њам мисли шўи Гулзира нўхтакагнда шуда пеши занњои дигар равад! (Меравад).
Гулзира – (Танњо). Худоё! Ноход, ки Зафари ман ба зани каврак дил баста бошад?
Зафар маст. Дар либоси нави хориљї меояд.
Зафар – Љону дили ман, эй пул, эй пул!
     Љону дили ман, эй пул, эй пул!
Гулзира – Зафар! Зафарљон!
Зафар – Ту кї?
Гулзира – Хайрият, ки омадї, дилама гургњо тала карданд.
Зафар – Ба ту чї даркор?
Гулзира – Њељ чиз. Биё хона меравем, дар хона гап мезанем.
Зафар – Њой, напуч! Ту худат кистї, ки маро….
Гулзира – Зани каврака дии, чашмат шира гирифтааст?
Зафар – Эњ, ту њамон Гулзираї?
Гулзира – Ња, рафтем.
Зафар – Њар ки њам бошї, зани каврака ганда накун. Вай зўр. Вай одам не, тилло! Худаш тилло! Ќадаш тилло!» лабаш тилло! Баданаш, пироњанаш тилло!
Гулзира – Шарм дор! Рафтем.
Каврак омада аз гўшае назора мекунад.
Зафар – Ман ба он ѓамхонаи ту дигар намеравам!
Гулзира – Ту чї, девона шудаї?!
Зафар – То њол девона будам, акнун њушёр шудам! Ана акнун кисам одам барин (ПУлњоро бароварда аз сари Гулзира мепартояд), либосам либоси одам барин, хўрокам хўроки одам барин.
Гулзира – Шармандагї бас. Рафтем. Ба ширљўшї дер шуд.
Зафар – Гўсала чї мешавад? Гов. Даруни поруи гову гўсола ѓелида фаштан бас. Ман  ба фермат туф кардам!
Гулзира – Кооператив туро девона кардааст.
Зафар – Зинда бод каврак! Зинда бод зани Каврак!
Гулзира – Шармандагї! Ишќ чї?
Зафар – Ишќ? Хатои љавонї. Алвидоъ. (Меравад).
Гулзира – (Танњо). Вой очаљон – е!!! (Меравад).
Каврак – Офарин, Шаммабой. Бо њиллаи ту як душман кам шуд!
Шаммабой ва Духтур меояд.
Шаммабой – Љои коратон њамин љо. Дар ин хайма дам мегиред.
Духтур – Мешавад.
Шаммабой – Ана, каврак дар њамон љо будааст. Ин кас кузўри ќишлоќ,фаромўш накунед.
Каврак – (Наздаш меояд). Ассалому алейкум.
Духтур – Салом, марњамат.
Каврак – Ин ба шумо тўњфаи хоксорона.
Духтур – Ташаккур, аз чї шикоят доред.
Каврак – Аз њељ чиз.
Духтур – Не, шарм надоред. Шумо камтар тарсидаед.
Каврак – Ња…. Рост.
Духтур – Чанд шаб боз хобатон намебарад.
Каврак – Рост….
Духтур – Сратон доим дард мекунад, пури њар хел садо.
Каврак – Ња….
Духтур – Дасту поятон ба шумо итоат намекунанд.
Каврак – ана, љони гап њамин. Аз њама бештар дастам напро намегирад: ба даст ќалам гирам њароратам баланд шуда навишта наметавонам. Агар коргарон фањманд, тамом!
Духтур – Фањмо. Ин “Писчий спазм” – ихтилољи хатнависї. Ваќти наивштан ангуштонатон меларзанд?
Каврак – Ња, меларзанд! Чунон меларзанд, ки….
Духтур – Ин кай сар шуд?
Каврак – Ваќте, ки раиси шўро интихоб нашудам, як датсам ларзид! Ронандањо корпартої карданду њарду дастам ларзид.
Духтур – Чизи аз њама ќиммат саломатї аст. барои Вазифа шуда худатонро азоб надињед. Вазифаро партоед.
Каврак – Эњ, ман аз сари Вазифа равам, ќиёмат ќоил мешавад! Зану хушдоманам ормони дилашонро шикаста натавониста аз хона баромада мераванд, ёру дўстњо бо ман душман мешаванд, хешу таборњо њурмату иззадро бас мекунанд, чунки дигар ба ягонтаашон ќисмњои эњтиётї дода наметавонам. Дар тамоми иттифоќ обрўям мерезад! Орзуи дилам мемонад. Дунё чаппа мешавад.
Духтур – ноумед нашавед. Чашмонатонро пўшед. Тассавур кунед, ки ягон воќеа нашудааст. Шумо одами хушбахт. Ба орзуятон расидаед. Чї коре, ки хоњед мекунед.
Каврак – Оњ, ман боз дар бињишт! (Либосашро мекашад). Ман боз дар лаби Бањри Сиёњ! Њеллов, мадам! Чао! Эњ, Ниночка! Ана, шумо дар куљо. (Дарахтро оѓўш карда мебўсад). Молро ќабул кунед…. Ба маблаѓи 200 њазор. Бо моли порсола њамроњ карда баргардонед, як миллион мешавад.
Хаёлан ќањва менўшад.
Э, духтури содда, зиндагї ана ин хел мешавад. Ин кайфу сафоро ту дар хоби шабат намебинї. Ин моњичаро бин.
Хаёлан занњоро оѓўш мекунад.
Исто! Нагурез, париљон! Лаббай? Намедињад? Не, мадам Нина як гап доред. Њозир бовар мекунед.
Хаёлан назди Нина, вале пеши Духтур таъзим мекунад.
Эњ, Нинаљон! Нина, мурам дар шумо! Маро хафа накунед. Охир порсол ба ман 100 њахор сўмина мол дода њатто дастхат нагирифтед, ман камбудиамро пўшонида баъди ревизия пурра ба шумо баргардонидам. Баъд барои аз ревизия соф баромадан ба шумо 800 њазор сўмина молро бе ягон њуљљат, бо ду дасти адаб бароварда додам. Акнун ё пулашро дињед ё молњоро баргардонед. Буду шудаш як миллион сўмакак. Илтимос, не нагўед. Охир мо дўст. Интернационалист. Лаббай? Гум шавам? Моламро дињед, дар як замон гум мешавам…. Э, ин хел мешудааст? Не! Не!
Ба Духтур талош мекунад, вале Духтур мегурезад. Каврак хаёлан ба об меафтад.
Нина! Ман оббозї карда наметавонам. Ѓарќ мешавам! Не, пул даркор не! Њељ чиз даркор не! Маро наљот дињед! Монед сињату саломат ба зодгоњам равам!
Шаммабой чою нон оварда.
Шаммабой – Ба ту чї шуд, Каврак?
Духтур – Наздик нашавед.
Шаммабой  - Ман нону чой овардам.
Каврак – (Зада чою нонро меафтонад). Ана ба ту чой! Ана ба ут нон!
Шаммабой –Э, ту девона шудї?!
Каврак – Нав донистам, ки ќотили ман ту бадаї! Каждуми таги бўрё!
Духтур – (аз дасти Шаммабой кашида дуртар мебарад). Гуфтам – ку як тараф истед. Дигар гап назанед.
Каврак – Нина, як миллион пуламро баргардон!
Духтур – Ором шавед. Акнун то се њисоб мекунам шумо будор  мешавед. Як…. Шумо худро хеле бардам њис мекунед, шумо бедор мешавед. Ду…. Наѓз дам гирифтед. Се…. Бедор шавед.
Каврак – Лаббай? (Бедор шуда шарм медорад. Зуд либосашро мепўшад). Ба ман чї шуд?
Духтур – Њељ ќисса не. Зуд њаракат накунед. Дастатон азоб намедињанд?
Каврак – Не- ку.
Духтур – Ин амалиётро 4 – 5 маротиба мегузаронем. Бегињї биёе, такрор мекунем.
Каврак – Ташаккур.
Духтур – Ягон чизи вазнинро фикр накунед.
Каврак – Хуб.
Духтур – Боз навбати касе бошад, дораяд.
Каврак – Хуб.
Духтур ба хайма медарояд.
Шаммабой – Кавракбой, ту барои чї маро задї?
Каврак – Чї хел задам?
Шаммабой – Чї девона шудаї?
Каврак – Чињо мегўи?
Шаммабой – Чойнику пиёларо чаппа кардї.
Каврак – э, не – е.
Шаммабой – Дастамро сўзондї!
Каврак – Барои чї охир?
Шаммабой – ман њам аз ту мепурсам, ки барои чї задї?
Носуда, Очаи Бика, Очаи Зика меоянд ва дар гўшаи маљлисгоњ ќарор мегиранд.
Каврак – Бсёр чиз намерасад.
  Шаммабой – Њаммааш мешавад, секин – секин. Ана, чанд душманата дар як дам маѓлуб кардї, таќдири Очаи Бика дар дасти њардуямон. Боз чї? Бин, бечорањо чї кор карданашона намедонанд.
Каврак – Хуб. (Пинњон мешавад).
Очаи Бика – (Ба Носуда). Навис: “Ба почои Тайланд. Илтимос, љўрањо ба мо камтар нос фиристед. Носи мардум тамом шуда, дар Кайфи нос ягон кас корро ба гардан намегирад. Бо салом, Очаи Бика.” Шуд.
Носуда – Шуд. як – ду ќошчина њам таъин кунед.
Очаи Бика – Хуб. Навис. “Ба почои Маѓриб. Дўстам, ба мо ягон ошин ќошчинак те. Бо эњтиром Очаи Бика.”.
Очаи Зика меояд.
Очаи Зика – (Љангљўёна). Њоло њамин хел?!
Очаи Бика – Чї хел?
Очаи Зика  - Ту ба ман ќасд дорї, ки њам Вазифа гирифтї њам њаќќи њалолама њаром мекунї?!
Очаи Бика – Кадом њаќќата? Дурустар фањмон.
Очаи Зика – Ду рўз боз оби љўйи мо лойќа! То пеши хонаи ту обаш соф, вале баъд лойолуд мешавад. Барои чї об лой мешавад?!
Очаи Бика  - Ман куљо медонам?
Очаи Зика – Медонию пинњон мекунї.
Очаи Бика – Њунарат бошад, ёфта гир.
Очаи Зика – Ана, барои њамин њизби поёнобињоро ташкил мекунам! Барои расмї шудани ин њизб иљозат дењ.
Очаи Бика – Ана, иљозат – е! мо халос?
Очаи Зика – Не! Ана, акнун њолат табоњ мешавад. Акнун ту бо њизб сару кор дорї! Њама айбатро ёфта дар гарданат намонаму туро аз мансабат нагирам, ором намешинам! Њой мардум! њизби Њизби Поёнобињо маълуб мекунад, ки раисамон, Очаи Бика оби моро лой мекунад! Мо талаб мекунем, ки Очаи Бика аз ин Вазифа даст кагад! (Сухан гуфта меравад).
Дигарон ѓолибона меоянд.
Шаммабой – шараф ба Очаи Бика! Оќибат оќибат бисёрњизбиро эълон кард!
Каврак – Њизби ростравњо талаб мекунад, ки талаботи халќро ќонеъ карда Очаи Бика истеъфо дињад! Лаънат ба Очаи Бика!
Шаммабой – Њизби салласафедњо њама кори Очаи бикаро нодуруст эълон мекунад. Лаънат!
Зафар – Њизби каљравњо ба шумо мурољиат менамояд: то кайц ба њукмронии Очаи Бика тоќат мекунем?! Лаънат!
Досалї – Њизби таёќбадастон талаб мекунанд, ки говњо аз алаф сер карда шаванд!
Маоси Гов њама овозњоро пахш мекунад.
Очаи Бика – Вой сарам – е! Духтур! Духтурљон….
 Шитобон назди Духтур меояд.
Духтур – Марњмат шинед.
Очаи Бика – Наљот дењ, бачам.
Духтур – Ба шумо чї шуд? аљина – паљина пеш кард?
Очаи Бика – Ман наѓз будаму вале душманњо кори мекардагиашонро карданд. Набошад, ман боз сад соли дигар умр медидам.
Духтур – Душманатон кї?
Шаммабой – Кавракро оварда дар гўшае мешинонад.
Шаммабой – Сарата хам карда бо диќќат гўш кун.
Каврак – Хуб.
Очаи Бика – Ба ту дуруѓ мегум, ба Худо рост, Намедонам,кадомаш дўсту кадомаш душман. Чашмам хира шудагї барин, сурати њамааш як хел. Њамааш бало барин: њамааш бо лаби инљ салом медињанду дар чашмашон зањр. Ду даст дар пеш хизмат мекунанд, вале боварї нест. Бо фикрам ягон рўз не – ягон рўз маро њам монанди почои Њиндустон мекушанд. Барои њамин шабњо хобам намебарад, боз поям гапама намегирад.
Духтур – Ња, ин шизофрения. Кай сар шуд?
Очаи Бика – Аз њамон рўзи шум, ки маро раиси шўро интихоб карданд. Мансаб маро нобуд кард.
Духтур – Ба саломатиатон зарар орад, истеъфо дињед.
Очаи Бика – Чї гуфтї? Њой, ту ту ба ман дўстї ё душман?
Духтур – албатта дўст.
Очаи Бика – Не, дўст бошї, ин хел нагўй.
Духтур – Мебахшед, ман шуморо санљидам.
Очаи Бика – Санљиша мону табобат бикун, ки аз сари тахт нараваму боз Кавраку Шамма хўљаин шуда муттањамиро давом надињанд.
Духтур – Хуб. Шумо  ором шавед. Ман то дањ њисоб мекунам, хобатон мебарад. Як,… ду… се… худатонро озод њис кунед, чор… панљ… шаш… тасаввур кунед, ки ба њамаи орзуњоятон расидаед. Њафт… њашт… нўњ… шумо шоњи тамоми дунё… дањ. Хоб кунед!
Очаи Бика (Чашмонашро мепўшад, вале чолокона амал мекунад). А- аапшу! Ман оќибат ба маќсади дилам расидам! Ин љо Америка? Ба ман почои шумо даркор.
Ба Духтур даст дода.
Э, Бушљон, худат њастї? Дигшар созї? Як бор хабар намегирї? Ана, ман пешат омадам. Не, барои оталахўрї ваќт нест, почољон. Дафъаи дигар зиёфат медињї. Њозир масъалањои нозуки сиёсиро дидан даркор. Ба ќишлоќи мо як – ду мошин ќанду собун фирист. Лаббай? Албатта, мо њам ба ивазаш мол медињем. Чї медињем? Пуфак. Мешавад? Њо, вай пуфакњо зўр, њар ќадар, ки пуф кунї, намекафад. Лаббай, не барои худам њељ чиз даркор не. Хайр як љуфт калўшу як даст аз њамон либосњои ялтар – юлтурдор фирист. Рањмат, Бушљон.
Зилзила ва Аъзо меоянд.
Аъзо – (Довталабона ба духтур). Очаи Бика тўй – е.
Духтур – Фањмо. Дарди шумо ихтилољи чашм. Аъзо Чї, чї ман ба ту нишон медињам.
Духтур – асабоният њам њаст, вале илољаш осон. Шинед.
Аъзо – Ман сапа – Сињат, ба ман бе бисмиммо гап назан.
Духтур – Чашматон марду занро фарќ намекунад – ку.
Аъзо – Эња, рост, пас Очаи Бика – кї?
Очаи Бика – (Хаёлан сўхбатро давом медињад). Лаббай? Ман почои Америка шавам? Не, Бушљон, баъд ин мўйсафед чї мегўяд? Майлаш, ба номаш почогиро ќабул мекунам. Дар ќишлоќи мо њама чиз ба номаш…
Аъзо – (Ба духтур). Канї вай?
Духтур – Ба диќќататон, Очаи Бика ана њамин кас.
Аъзо бисёр наѓз!
Духтур – Вале ба ин кас њозир наздик шудан мумкин нест.
Аъзо – Ба ман мумкин! Дар ин ќоѓаз даст мон, ки дигар барои дар нисфи њавлиат хона сохтани Зилзила Шаммаевна зид намебарої.
Духтур – Агар ягон гап шавад, шумо љавоб медињед.
Аъзо – Ман Њукумати вилоят?
Очаи Бика – ман почои Америка!
Нохост аъзоро мезанад. Аъзо худро дошта натавониста меафтад.
Духтур – Ман шумо огоњ кардам – ку!
Зилзила – Э, ин духтури овардаи падарам. Биёед ба хонаи мо рафта камтар истироњат кунед.
Аъзо – не, ман чї кор карданамро медонам! Њамаи далелњоро љамъ меорам! Њамаатон ба пеши поям афтида зорї мекунед. Рафтем!
Аъзо ва Зилзила мераванд.
Духтур – Акнун тамоман ором шавед. Ягон фикр шуморо азоб намедињад. Фаќат хоб кардан мехоњед, хоби хуш.
Очаи Бика хўрок кашида хоб мекунад. Духтур ба хайма медарояд.
Очаи Зика – Худо одама як бор душман кунад! Набошад, сад сол якљоя зиндагї мекунию дилаша намедонї. Як рўз нагузашта ба ман зарар расонд, аз вазифаам гирифт. Ана барои њамин Худо худаш нишон дода касалии мурданї кард. Худо аз ин њам бадтар кунад, дугонаљон. Ба дасти ягон духтури бесавод афтонад! Эњ, Зилзила меояд. Барои чї зуд баргашт? Гўш кардан даркор, бояд гапњои аљоиб шавад.
Ба паногоњаш бармегардад. Духтур њам бармегардад.
Зилзила бо ѓамгинии сохта баноз ќадам зада меояд, даст медињад, дар курсї мешинад.
Зилзила – ассалому алейкум, боз як бор.
Духтур – Воаллейкум ассалом.
Зилзила – Духтурљони азизи љони ширин, ман њам аъзои ин шўрову њам аъзои облиспалком њастам, боз модари танњоям. Барои њамин шумо бояд аввал маро табобат кунед.
Духтур – Шуморо чї азоб медињад?
Зилзила – Шумо духтуред, духтури доноед, наѓз медонед, ки дили беваи бечора дардман мешавад. Ба дарди дили ман даво кунед.
Духтур – Шумо чї дард доред?
Зилзила – Њар дарду балои одам аввал ба сари бева меояд.
Духтур – Чї шуморо азоб медињад.
Зилзила – Њама чиз. Шабу рўз месўзаму месўзам.
Духтур – Чї хел куљоятон даврд мекунад?
Зилзила  - Њама љоям.
Духтур – Шаб хобатон ором аст?
Зилзила – Эњ, духтурљон, аз љои љонам пурсидед! Мегўянд, ки моргазидаро хоб мебараду беваро не. Баъд намесўзї?!
Духтур – Кадом фикрњо шуморо азоб медињад?
Зилзила – Зани бева ягшон сир надорад. Дарду балои ман аз њамон рўз сар шуд, ки ба маслињати пахан Кулўхбойро гирифта хонаи очам омадам. Гумон кардлам, ки як моњ истам омада зорї карда мебарад. Лекин як моњ гузашту  вай номард зани дигар гирифт. Лекин ман њам паст наомадам.ќасос гирифтам! Ба ќасди гапи вай дар ферма говљўш шудаму пахан бо калонњо гапа пазонду маро пешќадам эълон карданду иттифоќ – ба иттифоќу хориља ба хориља гаштаму њар рўз бо як калоншавандаи нави “Волга” – дор аз пеши шўям баромада ўро зери чанг мемонам! Мехоњам, ки аз њасад сўхта љингак – љингак шавад! Хокистар шавад! Пушаймон шаваду омада узр пурсад, биё, аз нав зиндагї кунем гўяд.
Зилзила – Не, њоло девона нашудаам. Ман нав зиндагиро фањмидам! Мехоњам, ки вай ояду ман ба рўяш туф карда саг барин аз дарам пеш кунам! Вай барои ман ноль! Саги девона!
Духтур – Хоњиши аљиб.
Зилзила – Ман ўро маљбур мекунам, ки пеши поям афтад. Боз андак зўр занем! Калонњои район ба вай таъсир накаданд. Акнун калонњои вилоятро ба мењмонї чеѓ мезанем, ин њам нашуд. Каллаљунбонњои республикаро меорам! Дар рў ба рўи хонаи вай, дар њавлии хонаи Очаи Бика як ќасре месозам, ки мењмонњои олимаќом худашонро озод њис кунанд.
Духтур – Шумо дар њаќиќат бемор, табобат кардан даркор. Бегоњї соати 8 њама љамъ шаванд. Шумо њам оед.
Зилзила – Не, духтурљон. Маро танњо табобат кунед ман охир аъзои комиљроияи вилоят њастам, имтиёз дорам.
Духтур – дар назди беморї аъзову ноаъзо њама баробар.
Зилзила – ман шуморо хурсанд мекунам. Не нагўед. Эњ! Аз њама хубаш, биёед, њамроњи шумо ба хона меравем. Њай месўзад!
Духтур – Мебахшед. Њозир ман дар сари кор….
Зилзила – Агар њозир табобат накунед, ба боло шикоят мекунам!
Духтур – Охир, шумо сињат.
Зилзила – не, ман касал. Дилам касал.
Духтур – Уф…. Хуб. То дањ њисоб мекунам, хобатон мебарад. Як…. Ду….
Зилзила – Не, моргазидаро хоб мебараду беваро не.
Духтур – Гап назанед! Ором шавед. Се…. Чор…. Дар саратон ягон фикр намонд…. Панљ…. Шаш….. бењад хоб кардан мехоњед.
Зилзила – Маро фиреб надињед. Ман хоб намехоњам.
Духтур – Эњ, бало занад, ба ин гипноз таъсир намекунад – ку! Њозир! Чораи дигар њаст.
Зилзила – Аз беваи бечора њазар накунед.
Духтур аз љомадонаш сўзандору мегирад.
Духтур – Њозир шумо дар баданатон як дарди сабуки гуворо њис мекунед. Баъд хобатон меояд. Њафт…. (Ба ў  сўзандору мегузаронад). Њашт …. Ана њамин тавр…. Нўњ…. Дањ. Хоб кунед.
Зилзила – Ташаккур.
Хоби Зилзила мебарад. Духтур назди Очаи Бика меояд.
Духтур – акнун то се њисоб мекунам, бедор мешавед. Як, ду се. Бедор шавед.
Очаи Бика – А – апшу!
Духтур – Шумо боз сад соли дигар раисї мекунед.
Очаи Бика – Худо сарама бе раис гардонад.
Духтур – Бегоњї биёед, такрор мекунем.
Очаи Бика – (Њайрон, гоњ сарашро медорад, гоњ пояшро). Рањмат бачем, њазор рањмат.
Меравад. Дар паси девор Кавраку Шаммабой.
Каврак – Ана, акнун бовар кардї? Муфаттиш барин дар бораи ману гап љамъ мекунад. Зуд пеши обро бастан даркор.
Шаммабой – Хуб. Њозир вай њамаро хобондан мегирад, баъд худашро ба дом меафтонам.
Каврак – Вале чї хел?
Шаммабой – Барои вай Гулзира доми хуб мешавад! Амалиёти “Хоби чаппа” гардиши нав мегирад!
Духтур зилзиларо бедор мекнад. Мо сухани ўро намешунавем.
Зилзила – (Бархоста, андак гаранг). Мурам дар шумо духтурљон. Ягон бор ин хел роњат накарда будам!
Духтур – Хуш омадед.
Зилзила – ман боз меоям. (меравад).
Духтур – Боз навбати кї?
Кавраку Шаммабой меоянд.
Шаммабой – Навбат – навбати Гулзираи навшукуфта. Худаш њам расо таранг. Ба вай даму нафаси шумо расад, њама дардаш якта мешавад. Дардаш њамин.
Духутр – Ин хел бошад, гўед дарояд.
Каврак – Истед. Шумо ќишлоќињо , мардуми аљоиб. Намегўед, ки ин мардак аз рањи дур омадааст, монда шудааст. Араќа рез Шаммабой. Рафтем.
Њарсе ба хайма медароянд.
Очаи Зика – Ба фикрам тамошои аљоиб дар пеш. Вале ин Духтур њиллагари маккор дар байни ангўштњояш доруи хоб дорад. (бо овози Духтур таќлид карда амрњояшро худаш иљро мекунад). Ба ин љо шинед, рост ба чашмонам нигаред. Вањ – вањ – вањ. То дањ њисоб кунам, хобатон мебарад. Як…. Њи – њи – њи…. Чашмонатонро пўшед. Ду…. Њи – њи – њи. Чашмонатон вазнин мешавад. Панљ…. Њи – њи – њи:…(Хандааш хоболудона мешавад). Дар бораи ягон чиз фикр накунед. Шаш…. (хамёза мекашад). Дар тамоми баданатон рашъаи ширинии хоб медамад. Њафт…. Дунё хуб аст. њашт…. Ягон фикру савдо шуморо ташвиш намедињад. Нўњ…. Ягон дањ даќиќа хоб кунед. Дунё боз њам хубтар мешавад. Дањ…. (Хуррок мекашад).
Овози говњо.
ПАРДА.





ЌИСМИ I I.
Њамон љо. Очаи Зика хобидааст. Очаи Бика меояд. Дар курсиаш менишинад.
Очаи Бика – Њељ дарди сарам ором намегирад. Њамин курсии раис муллоимакак будааст. Шишта њам дам гираму њам ба халќу ватан хизмат кунам. Хўш, ки бошад. Масъалањои муњимро дидан даркор. Љонишинам куљо шуд? Носуда! Нест – ку. Дар Ким – куљои ин курсї тугмача буд. Њамона пахш мекарданду вай мебаромад. Ња, ёфтам. Э, дар ин љо тугмаи бисёр ку. Инњо барои чї даркор бошад? Аз они вай кадомаш бошад? Уф сарам гаранг шуд.
Тахмин карда як тагмаро пахш мекунад. Мусиќї. Досалї аз як тараф дар даст гўсфанди пўсткардашуда меояд, боадабона таъзим мекунад, бо овози мањин гап мезанад.
Досалї – Гўшт тайёр! Ба куљо барам?
Очаи Бика – Ё њавла ва ё ќуввата! Ин чї бало?
Досалї – Ин њаќќи њалоли шумост. Куљо барам?
Очаи Бика – ба ошхона дароварда руст бикун.
Досалї – Ба чашм.
Очаи Бика – Носуда канї?
Досалї – Тугмаи Носуда дигар. (Меравад).
Очаи Бика – Хайр ин хел гўй?! Бисёр наѓз.
Тугмаи дигарро пахш мекунад. Мусиќї. Зилзила баромада раќсњои аљоиб мекунад.
Зилзила – Боз чї лозим?
Очаи Бика – Кифоя, дигар њељ чиз лозим не.
Зилзила – Хоби хуш орзу мекунам. (Меравад).
Очаи Бика – Ин курсї чизи наѓз будааст!
Бо шодї боз тугмаеро пахш мекунад. Хона торик мешавад. Кавраку Шаммабой ноайён пайдо шуда курсиро мељунбонанд. Очаи Бика метарсад.
Каврак – Алла – а – а – а….
Шаммабой – Алла – а – а….
Очаи Бика – Э, вой дод – е! ин чї бало буд?
Саросемавор тугмаи дигарро пахш мекунад. Равшан мешавад. Кавраку Шаммабой дар даст дипломат бо таъзим меоянд.
Шаммабой – ками моро ба љои зиёд ќабул кунед. Ин дањ њазоракак аз нўги хамир фатир.
Очаи Бика – Њой, ту маро кї гумон кардї?
Каврак – Албатта, мо гунањгор. Мошин худи њозир мешавад. Ба шумо ГАЗ -24 маъќул ё ГАЗ – 31?
Очаи Бика – Њм…. Њардуяш.
Каврак – Марњамат.
Очаи Бика – Ба гараж баред.
Каврак – Ба чашм. (Мераванд).
Очаи Бика – Чї хел наѓз! Ана барои чї мардум ин ќадар барои курсї талош мекарданд.
Боз тугмаеро пахш мекунад. Носуда бо чою нон меояд.
Носуда – Марњамат, раисљон. Чои 95! Фатири љаззадор! Худам пухтаам! Китфатонро молам?
Очаи Бика – Мол. (Носуда китфашро мемоладу ў чою нон мехўрад). Акнун бояд кадом масъалаи муњими давлатиро њал кунем?
Носуда – Раисљон, шумо  ваъда додед, ки магазини ќишлоќа аз либоси ялтар – юлтур пур мекунед.
Очаи Бика – Хайр – чї?
Носуда  - Мардум асосан барои њамин ба шумо овоз дод. Ба ваъда вафо накунед, дигар овоз намегиред.
Очаи Бика – Рост. Бо хориља  алоќа кардан даркор. (Тугмаеро пахш мекунад. Гўшаки телефонро ба даст мегирад). Алло! Алло! Ин љо Япония? Ба ман почои шумо даркор. Э, худат њастї? Салому аллейкум. Созї? Дурустї? Мегум, ба мо камтар либоси ялтар – юлтур фирист. Лаббай. (Ба Носуда).
Мегўяд, ки бар ивазаш чї мефиристї?
Носуда – Надонам. Пурсед, ки чї мехоњанд?
Очаи Бика – Чї мехоњї?.... пучоќи ѓўза? Нест. Лаббай? Чанги заводи цемент? Хуб. Биё гир. Либосњо кайц меоянд?.... рањмат…. (Бо Носуда). Шуд. худи пагоњ як пода либос меояд.
Носуда  - Муборак шавад.
Очаи Бика – Боз чї масъала монд?
Носуда – Њозир њал мекунем. (Гўшаки телефонро мегирад). Алло! Ин љо Франция?миттеранљон чї хелї? Бала –чаќат тинљанд?. Њо созем. Созему камтарак собуну калўш даркор. Ња, албатта, бар ивазаш пўчаоќи ѓўза медињем, чанги цемент медињем, дуд…. Не? Хайр ба ту чї дињем? (БА Носуда).Мегўяд, ки расмњои бо дасти худашон кашидаи бачањоро дињем. Мо њамин хел мол дорем?
Носуда – Э,  бачањои мо алафкашия чобуќи пахтаро монда, расм мекашанд?!
Очаи Бика – Росту, лекин дар паси деворњо суратњои отаву очањошона мекашанд – ку.
Очаи Бика – (Ба гўшак). Мо розї. Мо розї, бачањои сурати отаву очањошона чунон мекашанд, ки луб – лучак бошанд њам, мешиносї. Њамонњоро фиристем? Хуб шудааст.
Носуда – мегирифтанд?
Очаи Бика – (Гўшакро монда). Вай мардака хориљї мегўянд, њама чиза мегирад. Ба пули тилло. Фаќат мо ба ќадри њељ чиз намерасем.
Носуда – Собуну калўш кай меоянд?
Очаи Бика – пагоњи дигар. Хайр ман њамроњи шўи ту магазинњоро тафтиш мекунем. Ту њама ин созишномањоро ќонунї карда монд. Бегоњї имзо мекунам.
Носуда – Ба чашм.
Очаи Бика меравад. Њаворо бўй кашида аз ду тараф  Кавраку Шаммабой меоянд.
Каврак – Пањ – Пањ. Бўи ширин!
Шаммабой – вањ – Вањ! Бўи молу бўи пул!
Каврак – Носудахон, ќомататон занад, аз ягон љой бўи умед њаст?!
Носуда – Њаст!
Каврак – аз куљо?
Носуда – намегўям.
Шаммабой – Ба ман гўй.
Носуда – Не.
Шаммабой – Охир акоят мешавам!
Носуда – Охир, ин сирри давлатї!
Каврак – (Ангуштарин дода). Сирри давлатиро ба њељ кас нагўед. Мисли њамин нигин эњтиёт кунед.
Шаммабой – ана, ин рўймоли япониро гиру дањонатро сахт банду сирри давлатиро пинњон дор, ки дўсту душман нафањманд.
Носуда – Хайр гўш кунед.
Њарду – НЕ, не, не.
- ин сирри давлатї – ку?!
Носуда – Шумо њам одамњои давлатї. Сирри давлатиро донеду пинњон кунед. Пагоњ аз Япония як мошин либоси ялтар – юлтур меояд. Пагоњи дигар, аз Франция як мошин собуну калўш меояд. Фањмидед?
Каврак – Не, њељ чизро нафањмидем.
Шаммабой – Ту њам ба мо њељ чиз нагуфтї.
Каврак – Рафтем маслињат кунем. (Дуртар бурда). Бо магазинчї гап мепазонї, мошинњои ман доимо тайёр. Њамаашро гирфта рост ба талкучкаи “Гипрозем” мебарем.
Шаммабой – Гап нест. Рафтем.
Њарду мераванд. Носуда ба курсї нишаста ангуштарину рўймолро аз назар мегузаронад.
Носуда – Дунё чї хуб аст.
Носуда –Љони Очаи Бика.
Досалї – Ман 40 сол боз туро њурмат мекунам, медония?
Носуда – Ња.
Досалї – Дар ин 40 сол ту њам ба ман як мењри махсус доштия?
Носуда – Ња.
Досалї – Ба хотири њамин дўстии 40 – солааз як гуноњи ман гузар, маро бад набин, илтимос.
Носуда – Чї?!
Досалї – Э, Худо гирад ќилиќата, Носуда! Тўй?
Носуда – Ња, дўсти чилсолаи Очаи Бика! Ња, шайтони њиллагар?!
Досалї – Э, ист!
Носуда – Магазинро њамин хел тафтиш мекунед?
Досалї – Ту маро нафањмидї.
Носуда – Боз чї гуноњ кардї?!
 Њамин ќадар сол гуноњ карда аз ман узр напурсидї. Гањвораи
Очаи Бика аз осмон омадааст, ки аз вай узр мепурсї?!
Носуда – Њой, мўйдарози кўтањаќл, гуноњи ман калон – панљ Гов аз гуруснагї мурдааст. Назорати халќї фањманд, љои мо паси панљара мешавад! Мефањмї?!
Носуда – Њамааш бањона! Коре карда мехоњї ба Очаи Бика наздик шавї! Барои Очаи Бика шуда аъзои Саршўро шудї! Барои Очаи Бика худро ба коммиссияи назорати дўконњо тиќондї!
Досалї – Нодуруст!
Носуда – ана, акнун вай ваќте, ки дилат хоњад, назорати дўконро бањона карда њамроњи Очаи Бика кайф карда мегардї!
Досалї – Э, аќли ту дар љояш?!
Носуда – Дар љояш! Набошад барои чї худатро ба коммиссияи назорати дўконњо тиќондї? Ту чию савдо чї?
Досалї – Барои ана ин!
Носуда – ИН чї? (Мулоим мешавад).
Досалї – Собун.
Носуда- Аз куљо ёфтї?
Досалї – Аз дўкон: ба аъзоёни коммисия рўзњои тафтиш яктогї собун медињанд, гир.
Носуда – Барои чї зудтар нагуфтї?
Досалї – Ана њамин хел мо љону љафо канда ба сад дар сар халонда, ба пеши сад нокас таъзим карда молу чиз меёвем, ки якамон ду шавад, вале ту бо фикрњои пучат маро хор мегардонї. Њайфи умри љавониам!!!
Носуда – мебахшед. Майлаш боз коммисия шавад, рафтан гиред, ман зид не.
Досалї – Ман. З – мон – е! (меравад).
Носуда – Ман шуморо санљидам, истед. (Меравад).
Шаммабою Кавраки ширракайф аз хайма мебароянд.
Каврак – Њамагї њафт – то бардошту ѓалтид – ку!
Шаммабой – Шањрињо њамин хел, суст.
Каврак – Акнун чї мешавад? Њозир Гулзира меояд.
Шаммабой – Ман духтара њушёр мекнуам, ту, агар Гулзира пайдо шавад, ягон соат ба гап гир.
Каврак – Як бор гапи оќилона гуфтї? (меравад).
Шаммабой – Гапи мо њамеша оќилона буд! Бењтараш ман њам ягон соат хоб кунам.
Ба хайма даромада хуррок мекашанд. Духтур мебарояд.
Духтур – Воњ, њушам дар гўр! Ин кампир њоло њам хоб аст?! ман шуморо бедор мекунам. Як …. Шумо наѓз дам гирфтед.
Ду…. Аз хоб чусту чолок шуда хезеду боз сад соли дигар раисї кунед. Се! Бедор шавед!
Очаи Зика – кї сад сол раисї кунад?
Духтур – Шумо албатта. Дила васеъ гиред, душманњо њељ кор карда наметавонанд!
Очаи Зика – Ба душмани ман Худо душман шавад! Ман ягон душман надорам.
Духтур – Эњ – ње! Ќудрати гипнози маро бинад! Раисљон….
Очаи Зика – Раис нагўй, хафа мешавам.
Духтур – Шумо ба Шўхї аз Вазифа даст кашидед?
Очаи Зика – Намедониста бошї, дон бачем. Барои Вазифа се фирќа одам талош мекунад: бекаллањои шикамкалон – барои аз зиёат пур кардани љиѓилдонашон, дуюм молу мошинпарастњо барои пора гирфтан: сеюм шањватпарстоне, ки бо як зан ё шўи никоњї тоќат карда наметавонанд! Марпо ба њамонњо баробар кардї?!
Духтур – Мебахшед, ман гуомн кардам, ки шумо барои ободию пешравии ќишлоќягон хизмат карданї шудед….
Очаи Зика – Њамаи ин гапњо рўи сафеди худа сиёњ кардаву бо пардаи сафед пўшонидани сиёњкорињои асл аст! (Меравад).
Духтур – Ќандата зан! Гипнозгар! Бо гипноз њатто психологияи одама дигар кардї – Е! ин хел ќударат доштан илмамро то њол њудам намедонистам!
Ба хайма медарояд. Гулзира меояд. Каврак аз пеши ў мебарояд. Каллаи Очаи Бикаю Зика намоён мешавад.
Каврак – Зиќ нашав, гулзираљон. Боз як бори дигар исбот шуд, ки ба ќадри ту фаќат ман расида метавонам.
Гуззила – Охир вай бо зани ту ёрї кардааст.
Каврак – Барои њамин бояд ќасос гирем.
Гулзира – Ќасос?
Каврак – Бале, биё меравем.
Гулзира – Ба куљо?
Каврак – Ба куљое, ки дилат хоњад.
Гулзира  - Ман бояд ба ферма равам.
Каврак – Ѓайри ферма дигар љой њам њаст!
Гулзира – Куљо?
Каврак – Боѓу роѓ, гулу гулзор, лаби дарё.
Гулзира – Лаби дарё? Њељ чизро намефањмам.
Каврак – Ба ту њозир њавои тоза даркор, бояд ба гулзор равї, лаби дарё, ќасос гирї! Ман дар хизматат!
Гулзира – Худоё, ин девона шудааст!
Каврак – Сукут аломати Ризо. Мошинро биёрам?
Гулзира - ,Медонї чї?!.... (Бо ќањр пас гашта нохост Очаи Бикаро мебинаду шах мешавад).
Каврак – Мм…. Ман фањмидам. Тавба кардам.
Гулзира – Эњње, шпионњо дар љои худ. Достони ишќи нрав тайёр. Њељ гап не. Ќасос мегирем. Бо роњи дигар. Мошинаатонро биёред!
Каврак – ба фермат барам?
Гулзира – Чаро ба ферма? Чаро боѓу роѓ не?
Каврак – Худоё!
Гулзира – Чаро лаби дарё не?
Каврак – Наход, ки….
Гулзира – Чаро мо аз гулу гулзор бањра набарем?
Каварк – Росту….
Гулзира – Магар мо оббозї карда наметавонем?
Каврак – Метавонему….
Гулзира – мо аз дигарон чї камї дорем?
Каврак – Худоё, ман хобам, ё бедор?
Гулзира – агар хоб бошед, бедор шавед, агар бедор бошед, зудтар мошинчаатоно биёред!!!
Каврак – Бо љону дил!
Гулзира – Ќасосо мегирем?!
Каврак – Мегирем!
Гулзира – Набошад, ба пеш! Зудтар!
Каврак – урра! (Меравад).
Очаи Бика – Надидам нагўед!
Очаи Зика  - Нашунидам нагўед!
Очаи Бика – Кавраку Гулзира ќасоси сахт гирифтанианд.
Очаи Зика – Бештар њам њардуяшон чумчумќчабозї мекарданд.
Очаи Бика – Барои њамин доимо рўи Зафари бечора зард буду рангаки Гулзира сиёњпича сурх!
Очаи Зика – Э, бин, лаби дарё фаромаданд!
Очаи Бика – ана, каврак тўраша партофт!
Очаи Зика – Эњња! Моњї њардуяшр ба дарё бурд.
Очаи Бика – Дукаса шуда моњиро доштанд.
Очаи Зика – Аљаб моњии зўр доштанд.
Очаи Бика – Тилломоњї!
Очаи Зика – Ин шодиро бину ин моњиро бин!
Каврак шитобон меояд.
Каврак – Гулзира! Куљо рафтї? Тавба. То овардани мошин дар як дам ѓайб зад! Зудтар ****, ки аз фикраш нагардад. Гулзира! Гул….
Меравад. Аз љониби дигар Зафар меояд.
Зафар – Холањо, шумо Гулзираро надидед?
Њарду – ДИДЕМ!
Зафар – вай дар куљо?
Очаи Зика – њо, ана, он тараф рафт.
Очаи Бика – Маълум, ки лаби дарё рафт.
Зафар – Шумо рост мегўед?
Очаи Бика – Бо чашмолни худам дидам, ки ба мошин савор шуданд ќасос мегирем гуфтанд!
Очаи Зика – Бо чашми худам дидам, ки даруни мошин даромада сахт муччї – муччї карданд!
Каврак бармегардад.
Кампирњо – Бало зад! Гурехтем! (Ѓайб мезананд).
Каврак – Гулзира, гул! (Зафарро дида шах мешавад).
Зафар – Худоё, тамом?
Каврак – Лаббай?
Зафар – Њамроњи Гул лаби дарё рафта омадед?
Каврак – Не, ман њељ љой нарафтам.
Зафар – Гул барои чї ба ту лозим шуд?
Каврак – Мм…. Мехостем…. Мехостам….ќарори шўроро боз як бори дигар бинем.
Зафар – Ќарори шўро?!
Каврак – Ња, баъзе шартњои кооператив норавшан мондааст.
Зафар – (Њуљум карда). Ана, шарти якум!
Каврак – Ба ту чї шуд?
Зафар – Ана, шарти дуюм!
Каврак – моро халос кунед, мардум!
Ба тарафи хонааш меравад. Зафар аз ќафои ў меравад. Нозгул ба пешвози онњо мебарояд. Каврак аз паси ў пинњон мешавад.
Зафар – Исто, номард!
Каврак – маро халос бикун, занак!
Нозгул – Чї шуд Зафарљон?
Зафар – Ин….лаби дарё рафтааст….њ….њамроњи Гулзира….
Нозгул – Фањмо. (Бо рўймолчаи худ араќи гардани Зафарро пок мекунад). Бовар накун. Ин бењунар ин хел љуръат надорад.
Каврак – Ин тўњмат!
Нозгул – (Ўро як шаппотї мезанад). Ба хона даро.
Каврак – Хуб. (Меравад).
Нозгул – (Ба Зафар). Хуш лмадї, боз биё.
Зафар – Хуб. (Рўймолчаро гирфита дастони ўро мебўсад). Хайр азизам, то дидана. (Меравад).
Каврак бо ѓазаб аз хона мебарояд.
Каврак – Ман ба ту сад бор гуфтам, ки ба номаш мењрубонї кардан даркор. Вале ту аз њад гузарондї. Чї бало дорї, ки гапат ба Зафар ин ќадар сахт таъсир кард?
Нозгул – Њамаи ин барои ту буд, азизам. Зани оќил њамеша обрўи шавњарашро нигоњ медорад.
Каврак – Вале ин рафторат ба ман маъќул не. Ту ба ман росташро гўй, дар байни шумо чї гап њаст?
Нозгул – Гапи бисёр, вале ту њељ ваќт росташро дониста наметавонї. Бењтараш боз њамроњи Гулзира ба лаби дарё бирав.
Каврак – Дамата гир! Набошад….
Нозгул – Чї “набошад”?
Каврак – ман туро талоќ….
Нозгул – Э, бин Очаи Бика мардумро љамъ мекунад.
Каврак – Ња ягон гапи љидди њаст.
Нозгул – Шитобед, њама лаби дарё раванд, шумо танњол намонед.
Каврак – Бас. Ќимоб кардї. “Лаби дарё”….
Зуд поён мефарояд. Дар он љо аллакай њама љамъ шудаанд.
Очаи Бика – Надидам нагўед! Нашунидам нагўед! Аз ин пас њар ки чизу чораи худро озодона бо нархи дилхоњ фурўхта метавонад, фаќат њамин хел мо талаботи халќро иљро мекунем! Ба пеш! Ба бозор!
Очаи Зика – њизби поёнобињо зидди ин ќарор аст!
Очаи Бика – Бо њамин роњ мо ба пеш меравем.
Досалї – Њизби таёќбадастон эътироз баён мекунанд! Ба љои ин говњоро аз алаф сер кардан лозим!
Очаи Бика – мардум ба ьозор алафи зиёдатии худро мебароранд. Ана баъд говњои шумо њам аз алаф сер мешаванд.
Каврак – Бисёр фикри пухта!
Шаммабой – Офарин ба ин кала!
Очаи Бика – Халќ тарафдори мо! Њар касе, ки зидди ин бозор бошад, душмани халќ аст!
Њама – ДУРУСТ!
Очаи Бика – Њама ба бозор!
Дар як лањза сањна ба бозор мубаддал мешавад. Њама ѓавѓовкунон моли худро таъриф карда мефурўшанд. Аъзо њозир шуда бо њайрат аз назар мегузаронад.
Очаи Зика – Шитобед, мардум! арзон мефурўшам! Банди туфлї. Туфлї дариду бандаш зўртар баромад! Гиред, набошад пушаймон мешавед!
Зилзила – Пуфаки кафидагї! Пуфаки кафидагї! Яктоаш як сўм! Арзони хоки сиёњ!
Досалї – Ин чўби оддї нест – ин нисфи њамон таёќест, ки порсол ба сари гург зада будам. Арзон медињам, биёед!
Гулноз – Ин кабуди туфлии франсузї аст! “Моли хориљи аст!”. аз худи Франция омадааст. Гиред, набошад пушаймон мешвед!
Носуда – мо чор Гов доштем, яктааш вафот накард, фаќат шохњояшон монд. Табаррук бошад њам ба шумо мефурўшам. Арзон медињам: дутояш сад сўм!
Зафар – Камераи мошин. Кафидагї бошад њам, нишони сифат дорад.
Шаммабой – Барои пуфак ин тараф биёед. Пуфакњои наппа нав! Яктоаш як сўм!
Каврак – Касе, ки пиёдагардї ба дилаш задааст, ба идораи мо ояд! Бо нархи арзон мошин медињем. Кадом намудашба ба шумо маъќул? “Волга”?  Марњамат, 100 њазор. Навъи хориљиаш маъќул? Марњамат 300 њазор. Арзони хоки сиёњ!
Очаи Бика – Телефонњои урфї аз курсии раисї! Арзон медињам. Як донааш сад сўм. Гиред. Бо ин телефон бо тамоми гўшаю канори дунё гап задан мумкин. Гиред, ки дар армон мемонед.
Аъзо – Бо шефи калон гап зада мешавад?
Очаи Бика – албатта! Ана бинед! (Гўшакро гирфта). Алло, шумо шефи калон њастед? Чї хел шумо? Биеёед, оши палав тайёр…. Хуб. (ба Аъзо.). Дидї?
Аъзо – Нархаш чанд?
Очаи Бика – Сад сўм.
Аъзо – Њафт сўм?
Очаи Бика – Э, хайр, гире! Аз ман ї меравад?
Аъзо ана акнун ман Очаи зори њаматонро нишон медињам!
Ѓавѓо бардошта мераванд, дигарон њам њайрон аз ќафои ў равона мешаванд.
Каврак – Шаммабой, њамин шаб хоби бад дидам. Зуд дили ин гови бешоха ёфтан даркор.
Шаммабой – Хуб. Лаљомаш дар дасти ман.
Каврак – Ба умеди худат.
Аъзо ва аз ќафои ў дигарон бо зорї бармегарданд.
Шаммабой – Њамааш чени дили ман мешавад! Амалиёти “Хоби чаппа” давом меёбад!
Ба гўши Аъзо Ким – чї гуфта ўро ба хонаи Каврак мебарад. Аз пеш Нозгул дар либоси њарир, дар даст ќадањњо пеш меояд.
Нозгул – Хуш омадед!
Аъзо – Оњњо…. Парии љазира!
Нозгул – Кашам?
Аъзо – Чиро?
Нозгул – Конякро.
Аъзо – Кашг, љони ширин. Каш.
Каварк – ишорае карда меравад.
Нозгул – Кашам?
Аъзо – Чиро?
Нозгул – Чиро?
Нозгул – Оши палавро.
Аъзо – А – а. аз дасти шумо Ошу коняк хўрдан савоб аст.
Аъзо – Ба љону дил. (Ба хона медароянд).
Дар поён Гулзира омада духтурро нидо мекунад. Духтур аз хайма мебарояд. Гулзира назди ў меояд.
Гулзира – Салом. Мумкин?
Аъзо – Ња. Шинед. Чї хизмат?
Гулзира – Ба ман ёрї расонед, ки иродам мустањкам шавад.
Духтур – Лаббай? (Дурустар нигариста). Шумо кї?
Гулзира – ман Гулзира.
Духтур – э,хайр! Гулзира 0 а? хани њамон….
Гулзира – Ња, зани Зафарљон….
Духтур – Медонам, њамаашро медонам. Наход, ки шавњари шумо, шавњари њамин хел парї шуда истода…
Гулзира – Ња, аъзои кооператив Шаммабой шуду….
Духтур – Медонам. Њайф. Сад њайфи њамин хел зан.
Гулзира – Илтимос, ба ман ёрї расонед.
Духтур – Ба љонам. Гўед, чї кор кунам? Агар хоњед, тамоми душманњоятонро хобонда карахт карда, карасин рехта оташ мезанам! Хоњед, шавњари араќхўри бекораатонро робот мекунам! Хоњед шуморо гирифта гурехта ба шањр мебараму (Озод мебардорам), хушу зиндагонї мекунем!
Гулзира – Не, не! Ба шумо чї шуд? ором шавед.
Духтур – Ваќте, ки шумо парии ягонаи ќишлоќ дар банди азоб њастед, ман ором шуда наметавонам!
Гулзира – Истед! Маро сар дињед.
Духтур – Ба шањр меравем! (Пешпо хўрда меафтад). Оњ!
Гулзира – (об мепошад). Ба худ оед!
Духтур – Лаббай?
Гулзира – Ором шавед!
Духтур – ман…. Ором. (Ба худ). Ором шав муттањам! Ором….  Ба ман чї шуд – а?  Ња…. Њар кас ба гармои ин дўзах тоќат карда наметаовнад. Махсусан агар зањри гапи Шаммабойро њам хўрда бошад.
Гулзира  - Афсўс.
Духтур – Шумо истед, наравед, илтимос…..
Гулзира – Ташаккур. (рафтанї мешавад).
Духтур – Шумо хушбахт…. Соњиби писар мешавед.
Гулзира – Шумо фолбин њастед?
Духтур – Бе асбоб њам маълум: ваќти хестан ба дасти рост такя кардед.
Гулзира – Аз њамин писар људо шудан мехостам.
Духтур – наход?
Гулзира – Мехостам иродаамро мустањкам кунед.
Духтур – Дуруст! Нав гули бањоратон мешукуфад. Бояд даври љовнї ронед.айш кунед.
Гулзира – Не, барои ин не.
Духтур – Ња – а, шумо чанд сол боз говљўши хурд будед. Бо бача овора шавед, мансаби говљуши калон аз даст меравад.
Гулзира – Не, барои Вазифа њам не.
Духутр – Набошад, монед, калон шавад, як марди бузурги чор кас медидагї шавад.
Гулзира – Дар њамин дењаи мо? Бо њамин саршўрои мо?! Бо кадом њила?! Не ба гумон. Хуб бузург шавад, баробари падараш мешавад.
Зафар ва Нозгул даст ба њам дода дар њолати хандаовар мегузаранд.
Бо њама бузургї баду нек, њарому њалол, гуноњу савобро фарќ карда наметавониста шармандаи ду олам мегардад.
Каврак ва Очаи Бика чун ду гови шохзан кала кашида мегузаранд.
Ё мисли Каврак барои мансабу фоидаи киссаи худ имону виљдону зану фарзандашро мефурўшад.
Шаммабой ва Очаи Зика љанљолкунон мегузаранд.
Ё мисли Шаммабой шабу рўз њиллањои нави пулёбиро љуста, пайтобаи сардорњо шуда, аз хобу хўр монда нотоб мешавад.
Досалї ва Носуда љанљолкунон мегузаранд.
Ё мисли бобояш Досалї шабу рўз љон канда кор мекунаду боз аз њама хурду калон, њатто аз занаш барои њазору як гуноњи нокарда гап мешунавад.
Аъзо ва Зилзила мегузаранд.
Ё оќибат соњиби мансабе шуда мисли Аъзо аз худ мераваду ќиёматро ќоим мекунад.
Аъзо – Чао!
Гулзира – То даме, ки чунин бузургон барои як тангаи зардак, имону виљдон, шарафу исмат, вазифаю мансаб, шўрову аъзоёни онро мехаранду мефурўшанду илољашро ёванд, на танњо сари њамдигар, балки сари ин замину осмонро њам мехўранд, ин олам ноќис мемонад. Ва ин олами ноќис сазовори шањписари ман нест.
Духтур – Дуруст. Ором шавед. Шумо хобед. Худро дар лаби дарё мебинед. Дар байни гулњо як гули занда. Тифлаки зебое.
Мехоњед ўро ба даст гиред. Гиред. Вай аз они шумо. Кўдак дар баѓал нури илоњї гирифтед. Модархудо шудед. Мебинед?
Гулзира – Мебинам.
Духтур – Ситорањо гувоњї медињанд, ки ин тифл тањамтане шуда кулли башарро хушбахту зўру тавоно мегардонад. Чунки шумо Њаќїќатталошеду бо хуну шир писаратон љавњари њаќиќату адолатро ќабул мекунад. Вале бењуда. Ин тифли бегуноњро ба дарё партоед.
Гулзира – Не, не! Ин шањписари ман!
Духтур – Вале муњим ќисматро дигар карда наметавонад. Кї кафил аст, ки вай дар байни ин мардуми майнаашон зањролуд ќаллобаву майзадаю дузуду нољавонмард намешавад?
Гулзира – не, тарбиятгараш Манам!
Духтур – Кї кафил аст, ки фозилу бовиљдон шавад њам, барои њаќќи њалоли худ пеши роњбарчањои љоњил сар хам намекунад?
Гулзира – Вай худаш роњбар мешавад.
Духтур – Вале кї кафоил мешавад, ки рўзе ин дунё ноќис њам аз оташи ядрої тўдаи хокистар намешавад?
Гулзира – Вай дар олам њамаро дўст мегардонад.
Духтур – Ин њама љонфидоїњо барои Каврак баринњо?
Гулзира – Писари ман онњоро њам одам мекунад.
Духтур – Боз як бор андеша кунед.
Гулзира – Ба писари ман даст нарасонед!
Духтур – Хуб. Бигузор гуфтаи шумо шавад. Кўдак аз они шумо. Вале њоло сабр кунед. Чашмонатонро кушоед.
Гулзира – А –а? Шумо сењргар.
Духтур – аз дасти ман бисёр корњо меояд. Шумо фаќат шеър хонед. Бегоњї биёед такрор мекунем.
Гулзира – Ташаккур.
Духтур – Хуш омадед.
Дар боло Каврак – маѓал. Аъзо ва Зафар љанљолкунон мебароянд. Гулноз мекўшад онњоро оштї дињад. Ва дар ин њуљљатеро ба љайби пиљљаки Аъзо мегузорад.
Зафар – Гум шав, ки сиюду дандоната зада мешиканам!
Аъзо – ту бо думи шер бозї накун.
Зафар – Шер њам ману паланг њам ман!
Аъзо – Мебинем?
Зафар – Мебинем. Гум шав!
Аъзо пиљакашро аз дасти Нозгул гирифта шитобон ба маљлисгоњ меояд. Дар як лањза њама љамъ шуда ба ў пуфакњоро пора медињанд. Вале Аъзо ба порањо назарбаландона менигарад.
Аъзо – Рафиќо! Ман аз боло омадам! Ман тамоми сирру асрори шуморо фањмидам. Ман Очаи зори њамаатонро нишон медињам!
Њама – ОЊ!
   АЊ!
   ЭЊ!
   Вой – ї!
Очаи Бика – Аз гуноњи мо гузаред!
Каврак – Тавба кардем!
Шаммабой – Тавба!
Очаи Бика – Аз гуноњамон гузаред, таќсир.
Аъзо – (Ба Очаи бика). Ту , Очаи Бика раис шуда њамаи ин харљу марљро дидаву дониста  ягон чора надидї?!
Очаи Бика – Охир аз дасти ман чї меояд?
Аъзо – Барои њамин тамоми замината кашида мегирам!
Очаи Бика – Вой сарам – е! барои ин ќарори шўро лозим.
Аъзо – Хуб. Аъзоёни шўроро љамъ кунед.
Каврак – Њама дар њамин љост, фаќат Досалї нест.
Аъзо – Маљлисро сар мекунем, дар протокол њамаашро нависед. Ќарор бароред, ки њамаи замини Очаи Бика ба Зилзила дода шавад! Зафар – Охир ин нодуруст!
Аъзо – А – а? Ту њоло њам инљої? Ќарор бароред, барои љинояти ќабењаш Зафар дар худи њамин љо сангсор карда шавад!
Њама – ОЊ!
   АЊ!
   ЭЊ!
   Вой – ї!
Очаи Зика – Зафар – аъзои саршўро, ба аъзои саршўро љазо додан мумкин нест.
Аъзо – Илољи ин кор осон. Барои љиноятњои вазнинаш Зафар душмани халќ њисоб шуда, аз аъзогии саршўро озод карда баъд сангсор карда шавад! Кї розї? Розї шавед, набошад…..
Очаи Бика – Мо ба ин хел ќарор њуќуќ надорем.
Аъзо – Чї гуфтї? А – а –а! ту бесавод, пеш ба ин њуќуќ надоштем, њозир ба њама чиз њуќуќ дорем. Шўро чї ќароре ќабул кунад, њамон ќонун аст!
Шаммабой – Дуруст!
Аъзо – Барои ноўњдабарої Очаи Бика аз раисї озод карда шавад!
Њама – Дуруст. Озод карда шавад.
Аъзо – Ягон номзади арзанда њаст?
Шаммабой  -Њаст.
Каврак – Њаст! Ман метавонам ин ќишлоќро бардорам, гул – гул шукуфонам! Ман….
Шаммабой – Ин ќишлоќа фаќат ман ба даст гирифта метавонам. Ба ман бовар кунед.
Очаи Зика – Фаќат ман ќишлоќчаамонро ба Америкаву Япония расонида метавонам.
Зилзила – Ба ман њам навбат дињед. Як бор мо њам Кайфи раисиро фањмем!
Шаммабой – Ба гапи њељ кас гўш накунед!
Каврак – Номи маро нависед….
Њама баробар дар назди Аъзо ба зону афтида зорї мекунанд.
Аъзо – Шуд. Кифоя. Њамаатонро ба рўйхат медарорем. (Менависад). Дигар таклиф нест? Ба овоз мемонем.
Гулзира – Як дам истед.
Аъзо Ягон таклиф дорї? Гап зан.
Гулзира – Њой мардум, ба ёд оред, ки барои ёфтани алаф аъзои саршўро шудед?
Њама – АЛАФ?! Алафаш чї?!
Гулзира – Алаф. Охир каб – кабуд…. Аз замин мерўяд…. Гов мехўрад….
Њама говаш чї?!
Гулзира – Гов – Гов – да: шох дорад, дум дорад…. Чор по дорад. Алаф мехўрад…. Шир медињад, гўшту равганашро мехўред.
Аъзо -  Ин зани зебо девона шудааст.
Њама – Бале! Дуруст! (Хандида дуртар мераванд).
Гулзира – Вале говњо то њол беалаф. Шумо барои худ оѓилчањо сохтед, бўстонсаройњо сохтед, вале говњо гушна. Барои тахти мулки говњои гурусна талош мекунед, вале намедонанд, говњои гушнаи мо феъли бад доранд: гушнагї сахт таъсир кунад, худи шуморо бо тољу тахтатон мехўранд. Њамин њаќиќати оддиро  намефањмед?
Аъзо – Ту њам раис шудан мехоњї?
Гулзира – Не. Ман худро аз аъзогии саршўро озод мекунам.
Аъзо – Аниќ девона.
Гулзира – Афсўс мехўрам, ки бо шумо аз њаво нафас мекашам. (меравад).
Аъзо – Ќарор бароред, ки ба девонахона фиристода шавад!
Каврак – Не! Не!
Аъзо – Кї гап зад? А – а, ин туї, муттањам?! Ту гаражро ба анбори уран табдил додаї! Барои гапгардонї, барои зањролуд кардани њавою замини ќишлоќ барои савдогарию порахўрї ин марди паст сангсор карда шавад! Кї тарафдор?!
Шаммабой – Дуруст!
Аз болохона шитобон Нозгул меояд.
Нозгул – Истед! Истед!
Аъзо – Кї тарафдор?!
Шаммабой – Њама тарафдор!
Нозгул – Истед, мардум! ин мардро мешиносед?
Шаммабой – Бо Аъзо њукумат сарбасар нашав.
Аъзо – (њуљљаташро алвонљ дода). Ман Аъзо ињукумат!
Нозгул – (Чанг зада њуљљаташро мегирад). Дурўѓ!
Каврак – ту чї кор кардї?!
Шаммабой – Ту њам ќурбон шудї!
Аъзо – Ба ман дењ! Ин њам девона БУДААСТ!

Нозгуд – Бинед. Ин аъзои комиљроияи вилоят нест.
Аъзо – ин њам ба девонахона фиристода шавад!
Нозгул – Хонед….
Шаммабой – Ба љонат љабр накун.
Нозгул – ваќти маст шуданаш аз кисааш гирифта хондам. Шумо њам донед, ки ин буду шуд корчалони кооперативи “Ќиёмат”!
Њама – ОЊ!
   АЊ!
   ЭЊ!
   Вой – ї!
Очаи Зика – Ана, акнун ба ёди ман њам омад! Ин аъзои кооперативи “Ќиёмат” молњои камёфту хориљии дўконњои моро харида гирифта ба беруни љумњурї кашонда ду баробар зиёд мефурўшад! Ин савдогар як њафта боз ба комиљроия омада барои бурдани мол ба хориљи республика иљозатнома мепурсид. Дар ин байн бо Зилзила шинорс шуда ўро ба домаш афтондааст! Маълумоти ман бисёру асосиаш њамин. Чашмонатонро кушоед, мардум! њушёр шавед!!!
Њама – ОЊ!
   АЊ!
   ЭЊ!
   Вой – ї!
Шаммабой – Рафиќњо! Бо мадади Нозгул душман фош шуд! акнун ќарор медињам, ки ин мењмони нохондаи Зафарљон зада – зада аз ќишлоќ пеш кунад.
Њама – розї. Њазор бор розї!
Зафар – Пеш даро. Муттањам.
Аъзо – Истед! Ин маккор њуљљати маро гирфитааст!
Каврак – Не! Дигар ту моро фиреб дода наметавонї!
Њама – Занед ўро.
Аъзо – Истед! (Ба гўшаки телефон). Чаноби олї! Балвогарон њуљљати маро гирифтанд! Илтимос барои њимояи ман лашкар фиристед!
Очаи Бика- Дурўѓ. Вай кор намекунад.
Шаммабой – Вай дар дасти ту кор намекард. Ба дасти одамаш, ки афтид, бисёр хуб кор мекунад. Ана, мешунавї, овози тиру тўп.
Аъзо – Њамаатонро ќир мекунам!
Њама – ОЊ!
   АЊ!
   ЭЊ!
   Вой – ї!
- Аз гуноњамон гузаред!
- Тавба!!!
Аъзо – ман боз меоям! Ќиёмат мекунам! Ќиёмат!!!
Меравад. Њама лањзае хомўш.
Каврак – Акнун чї мешавад?
Шаммабой – Зуд як коммисия ташкил кардан даркор.
Њама – Дуруст.
Шаммабой – Баъди њамаи ин љамалѓа дар сари фазифа мондани раис хуб нест. Таклиф мекунам, ки Очаи Бика аз раисї озод карда шавад. Кї тарафдор?. Аксарият.
Очаи Бика – Воњ! Мардум, дарди сарам монд!
Очаи Зика – Муборак шавад!
Каврак – Бояд раиси нав интихоб кунем.
Шаммабой – Одами аз њама арзанда….
Каврак – Гап зан. Албатта, ин одам ман….
Шаммабой – Бандаи ганда, яъне худи ман. Кї тарафдор?
Каврак – Чї хел?! Маслињат ин хел набуд.
Шаммабой -  Ту њоло љавон.
Каврак – Не! Ин њаромбозї!
 Барои курсии раис кашокаш мекунанд. Дигарон њамроњ мешаванд. Њама меафтанду курсї холї мемонад. Њамакаса болои курсї мебароянд. Аз курсї дуд баромада такон мехўранд. Њама меафтанд. Курсї ба осмон меравад. Досалї бо сару рўи баста меояд.
Досалї – Духтурљон! Ба ман ёрї дињед.
Духтур – Ба шумо чї шуд, бобо?
Досалї – Дањонам пеши гўшам рафтааст.
Духтур – Ку, бинам. Тамом?
Досалї – Њоло њам кам аст?
Духтур – Шумо тарсидед.
Досалї – Не.
Духтур – Росташро гўед, аз чї тарсидед?
Досалї – Имрўз ба ферма рафта дидам, ки њамаи говњои ферма аз гушнагї мурдааст!
Њама – ОЊ!
   АЊ!
   ЭЊ!
   Вой – ї!
Досалї – Баъд дањонам пеши гўшам омад.
Духтур – Ором Шавед. Ана ин њуштакро кашед. Баъд бо даст мушакњои мўятонро молед.
Досалї – Намешавад – ку.
Духтур – Њаракат кунед, њама кор мешавад. Њамин, ки њуштаккаширо ёд гирифтед, дањонатон њам ба љояш меояд.
Њама дањонро бо даст пўшида нолиш мекунанд.
Досалї – Э, Дањони Очаи Бика њам каљ шудааст! Инаш њам каљ.
Духтур – Наход?! Њозир, ба њамааш њуштак медињам.
Овозњо – Ба ман дињед.
- ба ман њам.
Духтур ба дањони њозирон њуштак мегузорад.
Духтур – Зудтар љона каљ кардан даркор. Инњоро магнитофон бедор мекунад.
Духтур магнитофонро ба кор медарорад ва љомадонашро гирифта меравад. Њозирон њуштак мекашанд. Аз магнитофон овози пешакї сабтшудаи Духтур садо медињад.
Овози Духтур – Шумо бароњат хоб кардед. Акнун то се њисоб мекунам, шумо бедор мешавед. Як… хастагї аз тану љони шумо рафт. Ду…. Табъатон хуш, иродаатон мустањкам. Боварї доред, ки ѓалабањои нав ба нав ба даст меоред. Се…. Бедор шавед! Бедор шавед!
Њозирон бедор шуда њайрон мемонанд.
Њама – ОЊ!
   АЊ!
   ЭЊ!
   Вой – ї!
ЭПИЛОГ
Духтур бандчаи алафу соябонашро гирифта таъзим мекунад.
Духтур – ана њамин тавр шумо хушбахт шудед. Алвидоъ одамони хушбахт. (Меравад).
Маоси бечорањолонаи говњо. Њозирон шиорњоро боз ба даст мегиранд.
Досалї – Говњо аз алаф сер карда шаванд!
Зилзила – Маоши говљўшњо  зиёд карда шавад!
Зафар – Маоши аробакашњо зиёд карда шавад!
Досалї – Маоши подабонњо зиёд карда шавад!
Шаммабой – Нест бод гармои алафсўз!
Носуда – Ба харљу марљ хотима дода шавад!
Очаи Зика – Ба демократия мављи нав!
Очаи Бика – Ба боди бозсозї ављи нав!
 
  ПАРДА.

Ноябри 1989 – январи 1991.


Рецензии