Дабдалабод ё Лаззати гунох
ДАБДАЛАБОД ё ЛАЗЗАТИ ГУНОЊ
(мазњака дар 2 ќисм)
Иштироккунандагон:
Тароим - зани шавњаргумкарда.
Ќоќоим - њамсояи ў.
Каролин - ќаллоби доно. (Суроб њам ўст).
Балолин- љавони дилсофнамои дењотї, вале ба њар њол, ќаллоб.
Шароим - соњиби ошхона ва балохонаи љодугарї.
Дар сањнањои умумї-интермедияњо худи ин «бузургон» дар ќиёфањои андак дигар пайдо мешаванд.
Замон ва макони воќеа номаълум. Шояд дар Амрико, ё Африќо, ё Осиё, ё Аврупо ва њатто шояд дар як гўшаи Тољикистон низ рўй дода бошад.
ЌИСМИ I
Намоиши 1.
Хонаи Тароим. Торикї. Тароим дар тан либоси сафед дар даст шамъ меояд. Онро дар байни ду оинаи рўбарўи њам мегузорад. Дуои сењру љоду мехонад.
Тароим. Санта-Лучия! Санта Пуччия, Санта Муччия! Сарабанда! Калабанда! Поябанда! Шараманда! Рака-пуф!. Танњо як талаб дорам: рўњи шўямро ба ман нишон дењ. Як бор ба пешам ої, ки бинаму узр пурсам барои сањву хатоњоям...
(Меистад. Ягон дигаргунї рух намедињад, навмед шуда).
Уф-уф... Боз нашуд? Ё ин илми љуг нест, ё ман хато мехонам! Сарабанда, Калабанда! Ракапуф! Уф... боз нашуд...
(Дар торикї суробе пайдо мешавад.)
Вий! Кист ин љо?! Кистї ту?! Гап, зан, ки полисро љеѓ мезанам! (Телефони мављиро ба даст мегирад.)
Суроб. Маро нашинохтї, Тароим? Ман рўњи Шатталин.
Тароим. Шатолинљон?! Рўњаки шўяки ман?!
Суроб. Бале.
Тароим. Њазор шукр, ки арзамро шунидї, худољон. Э, не, исто... Чаро ту кал њастї? Шўи ман мўйи хушрўй дошт.
Суроб. Дар оташи љањаннам мўю мўйлабам сўхт.
Тароим. Вањ, ту дар дўзах будї?!
Суроб. Аввал ба дўзах бурданд, баъда садаќаи ба њамсояат беваи бечора Ќоќоим додаамро ба назар гирифта аз дўзах бароварданд. Њоло намедонанд, ки маро ба куљо фиристанд. Савобам кам, гуноњам аз савобам камтар.
Тароим. Бечора шўякам. Мефањмидам, ин ќадар барои ба хонаи вай бева рафтанат рашк намекардам. Савоб буданашро нафањмидам.
Суроб. Барои чї маро даъват кардї?
Тароим. Охир се моњ шуд, дараке надорам, нафањмидам, ки ба он олам рафтаї, ё боз ягон зани дигар гирифтаї. Барои чї аќаллан як телеграмма надодї, ки...
Суроб. Дар ин дунё телеграф нест.. Дар Сибир кора буд кардему ба шикори хирс баромадем. Нохост мошини мо ба ботлоќ фурў рафт. Худам бехабар мондам.
Тароим. Набошад, чаро базудї пайдо нашудї? Як њафта боз љоду мекунам…
Суроб. Таъсираш баъди як њафта расид. Вале худої кунї, њар рўз меоям.
Тароим. пагоњ мешавад! Баъд њар рўз меоиву боз пулњои маро зиёд мекунї?
Суроб. Албатта. Њоло онњо тамом нашудаанд?
Тароим. Як халтааш мондааст. Вале кам мешаванду зиёд не. Зудтар биё.
Суроб. Вале ман дар симои одами дигар меоям. Вай њатто намедонад, ки рўњи ман ба љисми ў даромадааст. Бояд ту худат ўро шиносї ва ба никоњат дарорї.
Тароим. Ягон нишонаатро гўй! Одами вазифадор аст?
Суроб. Не. Бо соњибвазифа хор мешавї! Вай њељ ваќт ѓами туро намехўрад.
Тароим. Фањмо, ягон тољир мешавї?
Суроб. Тољир аз вазифадор бадтар: дар сараш фаќат як фикр: чї кунам, ки якам дуто шаваду, ду миллионам чор миллион. Дар симои ту фаќат пулњои бароят сарфкардаашро мебинаду дар чашмонат ўсмаю сурмаи харидаашу дар гардани зебоят танњо мўњрањои алмосро мебинад, ки ба њазор доллар харида буд... Хулоса, бо вай аз зиќї дилкаф мешавї!
Тароим. Фањмо: олиму шоиру артист эњсосї мешаванд.
Суроб. Э, мон олиму шоирро! То метавонї аз ин фирќа дур шав, ки онњо дастнигари мардуми дорову вазифадоранд, барои ду пули пуччак метавонанд ќурбоќќаро аз духтари шоњи парї боло гузоранд! Аламашонро аз араќ мегиранд! Бо онњо ё девона мешавї ё душмани халќ!
Тароим. Охир ман туро чи хел шиносам?
Суро. Шинохтани ман осон: доим як гап мегўям: «Њама кори вазнин барои манн – «ду караду»! бо як ќошпарронї иљро мешавад! Мегўям, ки њаќи туро аз дањони мор њам кашида мегирам, парво накун, њамааш гул мешавад!
Тароим.Вай безан аст, ё зандор?
Суроб. Зандор. Вале ман ўро аз занаш хунук мекунам, фaќат бо ту мегардад. Ваќти ман тамом шуд.
Тароим. Исто…
Суроб. Алвидоъ. (Суроб дар торикї ѓайб мезанад).
Тароим. Алё… бењуш мешавад.
НАМОИШИ 2.
Њамоно торикї. Хонаи Ќоќоим. Рўи њавлї. Кати хурде намоён. Дар даст фонус Ќоќоим мебарояд.
Ќоќоим. Кист он љо? Каролин?! Куљо шудї?! Гап зан, ки полисро...
Каролин. Ин ман, аблањ. Чаро дод мезанї? Гурезондї!
Ќоќоим. Ту?! Дар сари девори њамсоя чї мекунї?! Шўяшро дур дидї?
Каролин. Дод назан дар ин нимишабї. Мардум чї мегўянд?
Ќоќоим. Не ту росташа гўй, дар болои девори беваи Тароим чї кор мекардї?
Каролин. Ќасам ба риши бобоям, ки дар назарам гург пайдо шуд. Наздиктар рафтам, ки ногањон ѓайб зад.
Ќоќоим. Чаро гурги лаънатї барои дидани ту дар сари девор меистодааст?!
Каролин. Эњ, исто, исто... Шояд ту фањмонї, ки чаро як гурги нари лаънатї ваќти дар хона набудани ман ба њавлии ман омаду бо дидани ман болои девор баромада љонаша каљ кард?!
Ќоќоим. Гапата дониста гўй! Ман дар моњи дуюми хонадоршавиам њељ ваќт ин корро раво намебинам. Вале рост нагўї, мекунам!
Каролин. Аз худ нарав, Тароим ! Эъ, Ќоќоим. Ин ба ман маъќул не.
Ќоќоим. А-ња? Тароим -а? Њоло дар назарат ман њамон Тароими касалии рангпарида менамоям?! Њоло ман маъќул нестам-а! Э касе, ки маъќулат бошад, пеши њамон рафтан гир! Чор тарафат ќибла!
Тароим меояд, намедонад ки хандад, ё гиряд.
Тароим. Ќоќоим! Шодиёна дењ, шўям мурда будааст! Оњ, мани девона аз хурсандї чї гуфтанамро намедонам. Афсўс, ки вай мурдааст! Вале ба њар њол, хотирам љамъ шуд, ки мурдааст!
Ќоќоим. Бечора. Боз бева шудї? Дафъаи шашум. Кї ба ту хабар дод?
Тароим. Худаш омада гуфт...
Ќоќоим. Худоё, ту њуш дорї?! Медонї чї мегўї?! Девона-ку нашудаї?
Тароим. Худаш не, албатта, вале рўњи худаш омада буд. Эњ, вай як гапњое гуфт, ки! Як гапњо гуфт... (Ба Каролин бо шубња нигариста). Ба хонаи ман биё, њамаашро мегўям. Пагоњ худої медињам, баъзе чизњоро њамроњ тайёр кунем. Њамсоя, ёрии шумо њам пагоњ барои худої лозим мешавад.
Каролин. Гузаронидани худої барои ман «ду кара ду чор»! Парво накунед, њамааш гул мешавад!
Тароим. Ташаккур. (Як лањза ток задагї барин мешавад, вале худро ба даст гирифта меравад). Рафтем, дугонаљон, аз бетоќатї дилам мекафад! (Мераванд.)
Каролин. Урра! Урра! Ѓалаба насиби ман мешавад! Дили Шароимро ёфта маслињатро пазонем, ки ёрї расонад, ё аќаллан халал нарасонад!
Меравад.
Дар китф хўрљин хаставу бењол Балолин меояд.
Балолин. Ё њаќ, ё дўст! Мумкин-мї? Ё мумкин не-мї? Дар кушода. Хона њамон хонаи гуфтаи Каролин: Каролинаи Боло, хонаи 1, њуљраи 2. Рањматии бовама боваш мегуфт, ки хонаи дўста бинию дараша боз бинї, се бор таќ-таќ куну «бисмиллоњ!» гуфта даромадан гир. Бисмиллоњ... Канї арўс? Эњ, ана сурати худакаш: нозукак, ќадакаш сарви равон... Офарин, ба ваъдааш истод: Пула дангал метииву рост ба њамин хона зада медарої! Дар дањани дарвоза арўс рост истода мегўяд: «Мурам дар ту! Биё, Балолинљон, дардата гирам, мурѓкабоб аз гулўям бе ту нагузашт, як линги фарбењ интизори дањону дандони шумо. Уф... Аз ин хаёл дањонам об кушод. Вале њозир ба мани хастаи зор на арўс мефораду на линг. То трактор ба трактору хар ба хар роњро кофта омадам, ки монда шуда мурдам! Кат њаст. Як болишту як кўрпача њаст. Рањматии бовама боваш мегуфт, ки хобат бошаду, љои хоба ёбию хоб накунї, аз худат гила бикун! Як соат хоб њозир болотар аст аз њазор арўсу линг! Бањузур болои кат дароз мекашад.
Ќоќоим дар даст мурѓкабоб бармегардад.
Ќоќоим. Аз гулўям нагузашт. Ганда бошї њам, як линги мурѓа барои ту овардам. Эњ, хоби ин њам бурдааст. Бечора Тароим гап заду - гап заду хобаш бурда чунон хурроккаширо сар кард, ки хоби ман парид. Хостам, ки ту њам камтар кабоб хўрї... Лекин аљаб гиряњои хушрўй кард. Ман ин хел гиря карда наметавонам. Ду шўи пешинаам зинда људо шуданду намонданд, ки як бор барояшон гиря кунам. Ку, як машќ кунам? (Гўё суруд мехонад). О-о-е! Љонам-е-е! Љигаркабобам-е-е! Аз нав зинда шаву њамин линги мурѓа хўр, љонакам-е! Вой-е! Љон-е! Маро хору зор карда ба дасти кї монда меравї-е! Љон-е! (Худро болои Балолин мепартояд.)
Балолин. Ѓам нахўр, ман зинда, туро ба њељ кас монда намеравам!
Ќоќоим. Вий! Ин чї бало буд? Каролин?!
Балолин. Не, Балолин, Медонистам, ки бе ман ин ќадар зиќ мешавї, ким-кайњо расида меомадам,! Ба ин Каролин айбдор!
Ќоќоим. Каролин ба ин чї дахл дорад?! Ту худат кистї?!
Балолин. Гуфтам-ку, ман Балолин, ошнои њамдењаи Каролин. Вай шумову ин хонаю дарро барои ман харидаасвт.
Ќоќоим. Маро? Барои ту харидааст?
Балолин. Ња. Хайр, хона-хонаи бад нест. Шумо... бояд ёштараша мехарид. Охир шањр пур-пури арўсњои беваи хонадор аст мегуфту... Хайр, мо одами хоксор, ба ман зани чилсола њам шудан мегирад...
Ќоќоим. Э-ња! Ман нав соли гузашта 29-ро пур кардаам! Гапата дониста гўй! Вале ман туро намешиносам ва шинохтан њам намехоњам!
Балолин. Каролин куљост? Вай бояд мо зану шавњарро, бубахшед, шању арўсро бо њам шинос кунад.
Ќоќоим. Ту њуш дорї? Аз кадом девонахона омадаї?
Балолин. Аз хонаи очам омадам. Каролин аз ман пули чор гову дањ гўсфанду 12 хара гирифт, ки аз байни бевањои шањрї якташа бо хонаву дараш харида дињад. Гуфт, ки аз дасти нашъаю нашъаљаллобї бисёр мардњо хонасалот шуда аз хонаву дар људо шуда дар мањбас хобанд, ё Россия ба Россия гурехта мегарданд. Бинобар ин шањр пур-пури арўсњои таранг. Бо як киса пул ду киса бева ёфтан мумкин. Дарбораи њунарњои ман ба шумо Каролин њељ чиз нагуфта буд?
Ќоќоим. Гуфта буд: Агар пайдо шавад, ана њамин чўба гиру то мурданаша зада кафшаша пеш мон гуфт!
Балолин. Исто, арўс! Калтака мону агар маъќул набошам, њамон пулњои мана те, ман кафшама худам ёфта пўшида рафтан мегирам!
Ќоќоим. Фањмо: ту дузди навбаромад, ба ту пул даркор?!
Балолинг. Не, пули худам даркор. Ё њамин хонаву дару худи шумо , ки њузуру њаловати дунёро бинам.
Ќоќоим. Карру фарру ѓурураша бинед! Мегўї дар хонаи очааш бошад!
Балолин. Дар хонаи худам, бо зани худам, бубахшед, арўси худам.
Ќоќоим. Мана ба ту хона! (Калтаккўб мекунад.) Мана ба ту арўс! Харата њай кун аз инља!
Балолин. Харама дар хона монда пиёда омадам.
Ќоќоим. Ман каратеро њам медонам!
Балолин. Боз бењтар: ёфтаву тофтаамро ќаровулї мекунї!
Ќоќоим. Э, худата гум кун!
Балолин. Уф. Хайр, маъќул нашудам? Рўирост гап занед.
Ќоќоим. Э дафъ шав, пишаки ошолуд!
Балолин. Боз бењтар: пули дањта гўсфанду чор гову дувоздањ хар захира мешаваду духтари њамсояамона бепул мехарам. Пулама те. Ман рафтам ба Каролинаи Поён.
Ќоќоим. Э дафъ шав, дузди навбаромад! (Мекўбад.)
Балолин. Эњ, ањ! Оњ! Мурдам! (Мегурезад.)
Ќоќоим. Вале гапош ќизиќ буд. Доимо саросема мешавам. Аввал маќсадашро фањмидан даркор буд. Ким-чи хел пул, гуфт, арўс гуфт, ким-чї хел ваъдаи Каролин?..
Балолин бељуръатона медарояд.
Балолин. Мебахшед. Медонам, ки шумо - занњои шањрї берањму бешафќатед, лекин намедонистам, ки то ба ин дараља золиманд. Аз гушнагї мурдам. Худам маъќул нашуда бошам њам, ба хотири савдо њамон лингатона мебардоштед, намак мечашидем.
Ќоќоим. Чїї?! Дузди мулоимхунук! Канї, гум шав! Њозир полисро љеѓ мезанам! (Телефонро мегирад.)
Балолин. Лозим не! Ман гум шудам! (Меравад.)
Ќоќоим. Уф.... Дузд будааст. Вале рўяш гарм... Ягон хеши Каролин бошад? Агар ин дафъа ояд, мењрубон мешавам. Ба фикрам, ин дузд нест. (Дуздона Балолин меояд.) Воњ! Не, ман хато кардаам....
Балолин. Илтимос, њуштак накашед. Носкадуям дар хўрљин мондааст. Гирам, ки рўњи бобоям хафа мешавад...
Ќоќоим. Не! Дар љояш мон! Дузд!
Ба тарафи дар меравад. Каролин меояд. Ўро Балолин гумон карда калтаккўб мекунад. Ў меафтад ва аз њайрат шах мешавад.
Каролин. Куштї! Аз ман чї мехоњї?
Ќоќоим (пояшро дар гулўи ў монда). Росташро гўй! Аз хонаи мани бева чї дуздидї?!
Каролин. Уф, барои сигорпулї ду бистдоллараро аз њамёнат гирифтам. Њамин њам гап шуд? Охир пулат бисёр-ку?
Ќоќоим. Дар халтаат чиро пинњон кардї?!
Каролин. Кадом халта?! Оњ, дида будї? Хайр, худат гуфта будї, ки њамон ду костюми аз шавњарат мондагиро бурда фурўшам. Њамин сањар ба аблањи Азоим фурўхта араќ харидам. Њамин њам гап шуд?
Ќоќоим. Чи хел костюм? Кадом шавњарам? Ту...
Каролин. Э, поятро гир-е! Гулўмро хафа карда куштї!
Ќоќоим. Ту кистї?! Ту Каролин?!
Каролин. Уф, боз кї мешуд?
Ќоќоим. Вай куљо шуд?
Каролин. Кї? Боз ягон хушдори кўњнаат? Ё ин наваш?
Ќоќоим. Не, инро дар умри сарам надида будам! Номаш ким-чї хел ќизиќ буд... Балобин, балабан... Балолин! Хеши ту будааст!?
Каролин. Каму беш медонам.
Ќоќоим. Зуд полисро љеѓ зан, ки њамаи гўру кафании чилсола ѓундоштаи маро дуздидааст!!!
Каролин. Уф, ором шав, вай ин хел одат надорад, дасташ њалол. Пули ту дар сандуќи оњанин, калидаш бошад дар гарданат кашол.
Ќоќоим. Калид дар гарданам? Рост... Уф. Талха-палхам кафид. Набошад вай чиро дуздид? Ба њар њол, полисро љеѓ зан, ки аниќ кунем.
Каролин. Полисро љеѓ намезанем, зеро ки таги худамон тар. Дурусттар кофтуков кунанд, њардуямон ба љањаннам меравем! Мефањмї?
Ќоќоим. Намефањмам. Вале ту аз Балолинат ќарз гирифтаї?
Каролин. Гуфтам-ку, мо аз њар саг як устухон ќарздор.
Ќоќоим. Не, аз паридани чашму хестани раги гарданат мефањмам, ки гирифтаї! Ба ў маро ваъда кардаї?
Каролин. Э, не-е! Вай њарчї гуфтан мегирад. Агар боз пайдо шавад, гўй ки ман ба ќишлоќ рафтаам, ки масъалаи кори ўро њал кунам: ман ба вай як вазифача ваъда додаам.
Ќоќоим. Аз порааш њаќќи маро људо карда те.
Каролин. Э, ин њамту, бепул, ба хотири њамдењагї. Ман рафтам: бозиро бо Азоим тамом кунам. Бењтараш ором хоб кун, ки пагоњ ташвиш дорї: дар маъракаи дугонаат хизмат карданат лозим. (Меравад.)
Ќоќоим. Гапашро рўирост нагуфт, овозаш ларзид. Ман фањмидам. Њаќќи маро аз ќарзњои Балолинаш пинњон кард? Не, ин хел дурўѓгўй ба ман маъќул нест! Эњ, худољон, кошкї мисли шўи рањматии Тароим як мардаки чор кас медидагии серпул ёфт мешуду њамаи пулњояшро ба ман монда худаш гумум гумном мегашт. Пеши дугонаам равам, ки мисли вай хушбахт шавам! (Меравад.)
НАМОИШИ 3.
Хонаи Тароим. Даромадгоњ. Тароим ва Каролин мењмонњоро пешвоз мегиранд. Аслан мењмон зиёд нест. Як-ду нафар мегузаранд.
Каролин. Марњамат, аз ин тараф гузаред. Аз он тараф гузаред.
Тароим. Ташаккур, њамсояљон. Бе шумо ман намедонистам чї кор кунам.
Каролин. Парво накунед, њамааш гул мешавад.
Тароим. Њоло боз маъракаи занњо мешавад. Бе шумо душвор.
Каролин. Барои ман гузаронидани маърака - ду кара ду чор аст!
Тароим (ба як тараф). Гапњои шинос... Охир рўњи Шатолинљон гуфт, ки вай њамин хел гап мезанад! (Ба Каролин.) Њамсоя, гапњоятон бисёр шинос. Шуморо кай дида будам? Порсол дар сафар надида будем?
Каролин. Не, њамагї ду моњ пеш њамсояатон маро ба домаш афтонду шуморо дидам. Дар ягон сафар њам, мутаассифона, шуморо надидаам.
Шароим меояд.
Шароим. Таъзияи моро ќабул кунед, њамсоя. Рањматї одами хуб буд. Љонаш халос шуд аз ташвишњои дунё.
Каролин. Марњамат, аз боло гузаред.
Тароим. Ташаккур.
Азоим. И-е, Каролинљон, шумо дар ин љо њастед? Чор бор ба хонаатон рафтам, даратон руст буд.
Каролин. Мо њама дар хизмат будем. Тинљї њаст?
Шароим. Шуморо, ки дидам, акнун тинљї мешавад. Бечора љиянамро бо «гера» доштаанд. Шашташ љиянамро аз њукми паррон озод кардед, њафтумашро њам наљот додан барои шумо ду кара ду чор аст?!
Каролин. Бо вазир маслињат мекунем.
Шароим. Боз њамин мотори мошинам зад. Ба умеди худатон.
Каролин. Якта мотори «Мерс-600» барои холаи Шароим (Менависад.) Ба љиянам дињед, пулашро то бегоњ мегузаронад.
Шароим. Рањмат, љиян. Шумо якта, шумо одами аз њама зўр, шумо доди худо барои мо, шумо сояи худо дар рўи замин! (Оѓўш карда мебўсад.) Акнун як хизматчаи дигар монд: дар дами пирї њо њамон вазифачаи љонишини вазира ба ман гирифта дињед, ки њузуру њаловати дунёро бинам.
Каролин. Хуб, бо сарвазир маслињат кунам. Дароед, ош хунук нашавад.
Шароим. Ташаккур (Медарояд.)
Тароим. Шумо одами хуб, дастдароз, дасткушод. Шавњари ман њам њамин хел буд, вале ба касе хасе намедод. Ба ман њам ёрї даркор.
Каролин. Марњамат, аз шумо як ишораву мо бо як ишораи абрў њал мекунем. Чї кор будааст? Ман њаќи шуморо аз дањони аждањо њам кашида мегирам!
Тароим (ба як тараф). Њамааш дуруст меояд. Вале ин зан дорад... Шумо бо занатон хушбахт њастед?
Каролин. Хатои љавонї. Як моњи аввал хуб зистему як моњи охир гўё дар љањаннам афтодаам. Рўзи хуше надорем. Маљбурам ки људо шавем.
Тароим. Чанд ваќт боз муносибататон хунук шудааст?
Каролин. Ду-се рўз мешавад, ки тоќатамро тоќ кардааст.
Тароим. Шуд! Худо оњи маро шунид! Шумо одами зўр, доно, хор намешавед. Ман намемонам, ки шуморо хор кунанд!
Каролин. Ташаккур. Барои ин гапи некатон иљозат дињед аз нўки ангуштонатон бўсам.
Тароим. Ба шумо иљозат.
Каролин. Њазор рањмат. (Мебўсад).
Дар даст табаќи пур Ќоќоим меояд.
Ќоќоим. Боз як бор таъзияи маро... Эњње! Муборак шавад.
Каролин. Барои дилбардорї.
Ќоќоим. Наѓз дил мебардоштаед.
Тароим. Даррав рашк накун, дугона. Њамту як бўса.
Ќоќоим. Ман рашк мекунам?! Не, агар ба ту даркор бошад, ман поку пињил бахшидам. Ба ту аз ман тўњфа! Подарка! (Меравад.)
Каролин. Ана, худатон дидед, ки чї зани «хубе» дорам! Афсўс, ки хато кардам. Агар медонистам, њељ ваќт бо ў никоњ намекардам. Агар ягон зани дуруст меёфтам, худи њамон соат талоќашро медодаму... Уф....
Тароим. Парво накунед, ман худам...
Каролин. Лаббай?
Тароим. Ман худам ба шумо зан ёфта медињам....
Каролин. Ња-а... Ташаккур. Ягон хеши шумо бошад, аќаллан аз њазор яки њусни шуморо дошта бошад....
Тароим. О-оњ, шумо маро хушрўй мењисобед? Фаќат як хизматашро иљро карда тавонистан лозим: вай як халта доллар дорад.
Каролин. Фањмо. Ним ставка ќаровул лозим. Аз дастамон меояд. Пеш ќаровулии хазинаи мулк дар таги дастам буд.
Тароим. Не! Як халта долларро якуним халта карда метавонед?
Каролин. Не. Ман фаќат метавонам, ки як халтаро ду халта кунам.
Тароим. Чї хел наѓз! Шумо тољир њастед, ё вазифадор?
Каролин. Њам вазифача дорам, њам ширкат дорам, њам тољирам, њам шоир.
Тароим. Чи хел наѓз.
Каролин. Вале пулёбї ба дилам задааст. Чї лозим? Агар як зани ба дилам мувофиќ меёфтам, баъд ќошпарронї карда миллионњоро овардан мегирифтаму њамаро гул мекардам.
Тароим (ба як тараф). Шуд! Худи худаш! Бо забони ин шўякам Шатолинљон гап мезанад! Њамсоя, шумо маро хушбахт карда метавонед?
Каролин. О-оњ. Хушбахт кардани шумо бароям ду кара ду- чор аст! Њаќи шуморо аз дањони аждањо њам кашида мегирам!
Тароим. Шуд. Дигар тоќатам намонд! Аз ин лањза ман аз шумою шумо аз ман њастед! Худи њамин бегоњї никоњ мекунем. Не нагўед, шарм њам надоред. Ин ќарори ќатъии ман.
Каролин. Намефањмам. Њарчанд, ки ишќи синасўзи шумо кайњо дили маро реш-реш кардаасту њатто шашлик аз гулўям намегузарад, вале ба ин зудї...
Тароим. Ман њамаашро баъд ба шумо мефањмонам. Муњимаш он, ки ман оќибат шуморо ёфтам! Худи худо шуморо ба назди ман фиристод! Хуш омадед ба даргоњатон, Шатолинљон! (Оѓўш мекушояд.)
Каролин. Оњ, ин рўзи некро аз давраи гањворахобиам орзу доштам!
Оѓўш кушода дасташро мегирад, ки Балолин зада медарояд. Балолин. Ана, љўраи љонии мо дар куљо мегардад! О, аблањ нагуфтї, ки вай зани худат асту барои ман ана ин ќасру ана ин зана харида мондаї?! Хайр, акнун ба зани ман нарас! Ба моли кас хиёнат кардан хуб нест.
Тароим. Воњ, ин чамбаршох кї?
Каролин. Уф-фф, баъд ба шумо мефањмонам. Њоло њаминро донед, ки ман аз њар саг як устухон ќарздору аз њар гўсола як дарза алаф. Ин як њамдењаи аблањи ман. Даъво дорад, ки ба вай як зану як хонаро аз шањр харида дињам. Харида мондагї, фаќат љояшро нагуфтаам...
Балолин. Бо зани ман фуш-фуш накун. Инља исто.
Каролин. Балолин, гўш кун, аблањ, њама корат панљ шудагї, ба хона даромада оши худої хўр...
Балолин. Мо сер. Хайр, аз зану хона мондем, аќаллан вазифачаи ваъда кардаата харида мондї?
Тароим. Ин чї мегўяд?
Балолин. Вазифа! Бояд мехарид. Барои ман.
Каролин. Гуфтам-ку, ин сарвайрон. Даъво дорад, ки вазифаи вазирро харида дињам. Њоло мумкин талаб кунад, ки шуморо ба вай харида дињам.
Балолин. Хайр, аз ин ду зани дидаам якташа ба ман фурўш. Ростї аз ин беваи рангпарида вай каратеисташ ба ман маъќултару, лекин ман бачаи ќишлоќии хоксорам, ба ман њаминаш њам шудан мегирад. Даст дењ.
Тароим. Воњ! Худо нигоњ дорад!
Каролин. Ту девонаї! Ин зани ман! (Ба Тароим .) Парво накунед, ин њамсояатон Ќоќоим ро дар назар дорад.
Балолин. Чї фарќ дорад? Њардуяш зан. Ту боз як беваи дигара мехарї. Худат гуфтї-ку, дар шањр чї бисёр?- беваи бебачаи сумдор.
Каролин. Њой бачаи бемаънї, даро ош хўру худата аз инља гум кун!
Балолин. Не, љўра, намешавад! Ё ягонтаи ин занњоро бо хонаву дараш те, ё пулама те, ки худам ягонташа харида гирам.
Каролин. Баъд њамаашро њал мекунем. Намебинї, ки мо дар маърака...
Балолин. Охир баъд гуму гумном мешавї! Ин њилаи туро ман наѓз медонам. Биё, баракат ёбї, њамин бевая ба ман фурўш! Камї кунад, боз ду хари дигарама фурўхта пулаша медињам. Њамааш гул мешавад.
Тароим. Њамааш гул ме-ша-вад?
Аз хона бо ѓуруру салобат Шароим мебарояд.
Каролин. Ба ин сафсаттањо ањамият надињед, хонум.
Тароим. Худоё, аз ин балои охирзамон халосам кун!
Шароим. Тинљї њаст?
Каролин. Апаи љон, шумо ин касро мешиносед-а?
Шароим. Чењрааш гарм менамояд. Ин њамон љонишлини вазир нест?
Каролин. Э, не-е. Охир ин њамон, Балолини балозадаи њамдењаам.
Шароим. Эъ, ин савдоии харфурўша ман мешиносам! Суп-сурх љиннї! Сањар кадубирёни маро хўрду ба љойи пул додан гуфт, ки занаш шавам.
Балолин. Истед. Ман шуморо намешиносам. Ман Балолин...
Шароим. Ба ёдам омад! Охир бовата боваш дар Хумбов бамбов буд? Номаш Балокин буд? Њафт зан дошт? Як хари сафеди пешонаќашќа дошт?
Балолин. Ња-ю... Ман шуморо намешиносам...
Шароим. Ту фаќат харро мешиносию кадушўрборо! Њаќи кадуи маро те! Акнун ба даст афтодї!?
Балолин. Ман Балолин. Шуморо бори аввал мебинам.
Шароим. Ина боваша боваш алкоголик буд, момош њам алкоголик буд, худаш наркоман шудагї! Зада дафъ кунед, ки шамоли доманаш нарасаду зиён наорад! Харата њай кун аз инља!
Балолин. Истед! Хара дар ќишлоќ монда омадаам. Вале ман њаќамро аз дањони аждањор њам кашида мегирам. Њалли ин масъала барои ман ду кара ду - чор аст! Њамааш гул мешавад!
Шароим (ўро тела дода мебарорад). Рав аз пеши одамњои одамшаванда!
Каролин. Уф, аз дасти хешони занам дар бало мондаам. Ман чї хел ба хона баргардам? Афташа бинам, сарам дард мекунад.
Тароим. Роњаш њамин, ки якбора аз њамин бегоњ ба хонаи ман кўчед. Аздусар занатон шуморо ба ман тўњфа кард.
Каролин. Омин! Оллоњу Акбар!
Тароим. Садои сигнали мошин. (Ба берун нигариста.) Ин «Лимузин»-и кї бошад? Ягон хеши шавњарам омада бошад?
Каролин. Ња-а, ин мошинча барои ман омадааст. Сарвазир фиристодааст. Гуфта буд, ки як сари ќадам пешаш дароям. Як даст билярдбозї мекунему масъалаи љанги Амрикову Ироќа њал мекунем. Якбора масъалаи ба хазина ду миллион ќарз додани маро расмї мекунем.
Тароим. О-оњ, шумо њамин хел одами зўр?
Каролин. Не, мо як зарра гарди хоки пои шумои соњибљамол!
Тароим. Дасти -холї наравед аз хонаи мо. Ин њазор долларака дар таги кисаатон партоед.
Каролин. Хуб. Худи њамин рўз, ду њазор шуда бармегардад!
Аз нўги ангуштони Тароим бўсида меравад.
Тароим. Худи худаш! Ўро ёфтам. Боз дову даска ба ман бармегардад! Боз ман пешгузари маъракањо мешавам! Боз нозу бозор мекунам! Боз гули хўроку либоси пеши бозора мепўшам! Боз њама мардњову занњо ба ман хушомад мезананд! Боз ман гуноњњои зиёд мекунам! Лаззати гуноњро ёд кардаам! Боз гуноњњои бебаркаш мекунам!
Меравад.
ЌИСМИ 11.
Намоиши 4.
Хонаи Ќоќоим. Балолин ва Ќоќоим дар андеша.
Балолин. Ёфтам! Ин кор барои ман ду кара ду чор! Рост ба полис мераваму њама корњои наъшаљаллобии Каролинро арз мекунам!
Ќоќоим. Намешавад: хонаи маро полисборон кунї, ягон айби ман њам баромада мемонаду назди њамсояњо шарманда мешавам!
Каролин. Ту, бечора, чї гуноњ дорї?
Ќоќоим. Лаззати гуноњ ширин аст. Кї намехоњад, ки аќаллан як бор гуноњ накунад? Як бор ки гуноњ карда лаззаташро чашидї, њазор тавба дигар фоида надорад, боз гуноњ кардан мегирї. Њилаи дигар ёв.
Балолин. Ёфтам... Не нашуд, ин њам ба полис вобаста...
Ќоќоим. Ман ёфтам! Полис худат мешавї!
Балолин. Барои харидани ягон вазифача дар полис ман ба Каролин пул дода будам. Афсўс, ки номардї кард.
Ќоќоим. Љое, ки мардони мард корро буд намекунанд, ман дар як мижазанї буд мекунам! Ту њозир подполковник мешавї!
Зуд аз сандуќ либоси подполковникиро мебарорад. Як бастаи дигар њам афтода кушода мешаваду пеши пои Балолин ниќоби шахси бемую мўйлабу риш ва латтаи сафед меафтад. Онро бо њайрат Балолин мегираду назорат мекунад.
Балолин. Хазинаи либосњои ягон театрро дуздидаед?
Ќоќоим. Не. Як хеши подполковник доштам, як бегоњ мењмонї омада...мм... аз гармї либосњояша кашида монда коняк мехўрд, ки боз як хеши дигари полковникамон даромада омад. Вай бошад, тарсид, ки полковник барои дар љои кор наистода араќхўрї карданаш аз кор холї мекунад. Барои њаминхудашро аз тиреза партофта рафт. Њамон шаб дар авария нобуд шуда монд. Аз кисааш наъша ёфтаанд. Барои њамин ин костюмро руст карда мондам, ки маро њам ба ягон гуноњаш шарик накунанд. Ана имрўз ин костюм кор медињад.
Балолин. Як либос њељ кор намеояд. Зуд дошта њабс мекунанд.
Ќоќоим. Мо он ќадар содда не. Дар кисаи подполковник њамаи њуљљатњо њаст. Фаќат фамилияаш Калолин. Як рассоми шинос дорам, њарфи К-ро Б мекунад, мешавад Балолин. Марњамат, подполковник Балолин!
Балолин. Шумо хеле доно будаед...
Ќоќоим. Дар ин шањр доно набошї, таротар мехўранд! Кашед. Пўшед.
Балолин. Ягон «хеш»-и масхарабоз њам доштед? (Ба ниќоб ишорат мекунад). Вай њам либосаша фаромўш карда гурехт?
Ќоќоим. Ин аз куљо?
Балолин. Ваќти кушодани сандуќ аз болояш аввал њаминро партофтї. Пас, ту «хешони» зиёд дорї. Ман дар ин љо одами зиёдатї.
Ќоќоим. Исто! Гапњои Тароим ба ёдам омад. Арвоњи шўяшро наѓз тасвир карда дар коѓаз кашида дод. Вай айнан њамин хел буд. Пас, ин кори вай. О, бало-е! Ман нав фањмидам, ки Каролин бегоњињо куљо гум шуда мерафтааст! Ман нав фањмидам, ки чаро дар сари девори хамсоя гоњ шаѓолу гоњ гург пайдо мешудааст. Шуд! Ин корро њамроњ ба охир мерасонему ман ба ту њамаи пулњои ба Каролин додаатро рўёнда медињам. Ту коре мекунї, ки Каролинро аз Тароим људо мекунию ба Тароим худат соњиб мешавї! Каролин ноилољ боз пеши ман меояд. Ман бошам, аввал Каролинро ба хубї ќабул мекунам, вале баъд ба рўяш туф карда меронам!
Балолин. Не, Каролинатон њам аз худатону дигар масхарабозонатон њам. Ман аз њамон Љалољини худам намонам. Алвидоъ.
Ќоќоим. Э, мон њамон ќишлоќиро! Дар шањр њар як парие њаст, ки сад Љалољини ту якљоя дар пешашон номаъќул кардаанд!
Балолин. Ин хел нагўед! Ман марди мусофири камбаѓали соддафеъл, аммо њазор парињои шањрии шумо ба нохуни пойи Љалољини ман намеарзанд! Рафтам пеши Љалољинљонам!
Ќоќоим. Ана ин гап! Ана ин эњсос! Ана ин ишќ! Маъќуланд ба ман ошиќон! Умре дорам орзу доштам, ки яктаашона ба чашмам бинам! Хайрият, ки дидам, Балолинљон! Офарин,! Рав пеши дилдодаат.
Балолин. Хўрљинамро гирам, носкадуи бобим дар дарунаш...
Ќоќоим. Вале дон: Бе пул ишќ асар надорад! Агар ба вай Љалољинат соњиб шудан хоњї, бозиро њамроњи мо ба охир расону ба пулат соњиб шаву як вазифачаи сазовор гиру баъд њамчун ѓолиб рав. Набошад, ман феъли занњоро наѓз медонам. Њамчун маѓлуб гашта равї, ба рўят нигоњ њам намекунаду ќасдан ба ягон бурдангали дигар мерасад, ки туро сўзонад. Охир ту аз вай ноз карда омадаї?!
Балолин. Ин гапат рост.
Ќоќоим. Рост, ки бошад, ба ин хона дарову либосро пўш. Ин тарафашро ман фикр мекунам. Занњо дар њила гуманд.
Балолин. Ба хотири Љалолинљонам! (Ба хонаи дигар меравад.)
Ќоќоим. Коре кунам, ки Тароим аз њасад сўзад! Дар гирад! Хокистар шавад!
Тароим. Меояд.
Тароим. Ассалом, дугона. Зиќ нашуда нишастаї? Барои тўњфаат њазор рањмат. Вале гумон накун, ки тўњфаат бељавоб мемонад. Ана ин љавоб барои тўњфаат Каролинљон, ду њазор доллар. Ин њамту аз нўги хамир фатир. Ту бо ин пулњо боз ягон калу кўра харида мегирї.
Ќоќоим. Њамин хел?
Тароим. Ёрї даркор бошад, мо тайёр. Кам бошад, гап зан.
Ќоќоим. Ту пасмондаи дигарњоро накофта барои худат як њалолаша ёфта гир. Ман Каролинро аз бозори кўњнафурўшї ба нарзи арзони хоки сиёњ - дуташа панљ доллар харида будам.
Ќоќоим. Киноя накун дугона. Парво њам накун, худам ягон бурдангалаша ёфта падарка мекунам.
Ќоќоим. Лозим не, мо аллакай якташа харида мондагї. Љаноби полковник, як лањза пеши хонумњо бароед.
Тароим. Полковник аст? Инхелањоша аз куљо меёбї?
Ќоќоим. Дар бозор пур! Фаќат њусну љамоли худодод даркор!
Тароим. Хайр, хафа нашав, дугона, ин мардакњо меоянду мераванд, мо мемонему дугонагии мо. Ман бе чаќ-чаќи ту зиќ мешавам.
Балолин мебарояд.
Балолин. Ња, кампири љодугар омадааст?
Тароим. Полковник? Шумо полковник њастед? Чаро зуд нагуфтед? Агар медонистам, намемондам, ки дар хонаи ман шуморо тањќир кунанд.
Балолин. Њељ гап не, њоло њамааш дар пеш: њамааш гул мешавад, ман њаќи худамро аз дањони мор њам кашида мегирам! Ана баъд туро бо вай Каролини њамдењаамон бурда мањбасин мекунам! Дар пеши поям афтода зорї мекунед! Барои ман њалли кор ду кара ду - чор!
Тароим. Ин гапњо ба ман шинос. Ман шуморо дар куљо дида будам?
Балолин. Дар љањаннам!
Тароим. Љаноби полковник, шумо ба ман ёрї намедињед?
Балолин. Ман ба шумо хар нафурўхтаам, ки ёрї дињам! Баръакс, линги шуморо аз осмон мебиёрам!
Ќоќоим. Љаноби полковник албатта ёрї медињанд. Ин њазл аст.(Ишора мекунад, ки дамаша гирад.) Њамту не, љонакам? Охир њаќи њамсоя ба њаќи худо баробар. Ман ба вай шўи ландањурамро тўњфа кардам, ин ба ман ду њазор доллар тўњфа кард. Об ба лаби љўй баробар шуд.
Балолин. Пулњоро нагир! -Шўфурўшї љиноят!
Ќоќоим. Ту, бачаи хола, бисёр савдои байни занњоро намедонї. Ба мани бева њоло пул бисёро даркор мешавад! Пул надошта бошам, њељ кас маро намегирад.
Тароим. Ин љаноб шўят аст, ё бачаи холаат?
Ќоќоим. Касе набошад, агар ба ту маъќул бошад, инро њам мефурўшам.
Тароим. Ташаккур, дугонаљон. Худат њељ кас нестию, бахтат баланд аст!
Ќоќоим. Мефањмам, дили беваро бева медонад! Хуш омадї.
Тароим. Бегоњї биё, каллашўрбо мехўрем. (Меравад.)
Ќоќоим. Хуб, хуб... (Баъди рафтанаш.) Каллашўрбоят аз сарат монад, беваи берў! Ба худат насиб кунад!
Балолин. Офарини ту. Агар бевањои ќишлоќи мо мебуданд, хуру пуч карда як тор мўйи сињатро дар сараш намемонданд!
Ќоќоим. Мо, шањрињо, бо асал душмана мекушем! Хаёлат вай хурсанд шуд аз гапњои ман? Не, вай сўхт, даргирифт, вале чунин нишон дод, ки гўё хурсанд шуд. Ту њам бояд даѓаливу дангалиатро партої, мисли бачањои шањр дилёбу забондон шавї, набошад корат пеш намеравад!
Балолин. Аз бачањои шањрї дида соддаву гумроњ нест, онњо ба осонї фиреб мехуранд. Бачањои ќишлоќї дар намуд содда, вале бало...
Ќоќоим. Агар хоњї, ки бо ман њамкорї кунию ѓолиб шавї, бояд худро тарбия кунї, рўњан дигар шавї, ба эњсос дода нашавї.
Балолин. Њозиразамонаш чї хел будааст?
Ќоќоим. Дар дил зањр гуфтан мехоњию аз забонат асал мерезї, љигарат дард дораду бо забони булбул чањ-чањ мекунї, ба љои гиря табассуми чуќур мекунї, ба љои хандаи ќоњ-ќоњ андак рўй турш карда меистї, корат сад бошад њам, барои љанги тан ба тан барои талоши сахте њама ваќт тайёр меистї, њар ќадамата дар зиндагї мисли гардиши донаи шоњмот мемонї!
Балолин. Воњ! Охир ин масхарабозї аст!»
Ќоќоим. Ин бозї аст, тавонистї- бурдї, натавонистї -мурдї. Њамон ваќт ханд, ки дилат зиќ асту сўхта бошї, ту дар њаќиќат сўхтаї, пулам сўхтааст, вале дон, ки пул ваќти хандаву шодї кардан омадан мегирад, аз одами бепулу бебахт њатто ёру дўстон мегурезанд! Пул роњи хонаи камбаѓалро гум мекунад!
Балолин. Инаш рост, ваќте дањ гову дувоздањ хар доштам, њар рўз ба сарам аз осмон пул меборид, вале аз рўзе ки онњоро барои занхарї ба Каролин фурўхтам, баракати кисаам парид.
Ќоќоим. Ана барои њамин ханда бикун! Озодагию ашрофиро машќ карда ёд гир, ман устодат мешавам!
Балолин. Гапатон мефораду аз ин корњо бўи гуноњ меояд.
Ќоќоим. Нахоњї, худата гум кун, ки набошад, дар ду даќиќа як Балолини дигар мехарам! Ваќтама нагир. Ваќт- валюта!
Балолин. Хуб, хуб, як бор гуноњ карда ба пули худам соњиб шавам, баъд бас мекунам. Ман дар амру фармони шумо! Гўед, чї кор кунам?
Ќоќоим. Дар пеши ман дањаната инљ накун! Љиддї бош, ќомата рост гир, сара бардор. Гардана рост гир! Бо занњо хушмуомилагиро ёд гир, бўсидани занњоро ёд гир, ки зуд об шаванд. Дон, ки агар дар дунё аблањњои пулдор намебуданд ману ту барин аблањњои бепул хору зор мешудем! Ѓайрат бикун.
Ќоќоим. Аз рўй не, аблањ, аз нўги ангуштон, аз кафи даст... Ана њамин хел. Акнун мисли полковникњо ќадам заданро ёд гир. Синаро ба пеш дамонда ќадам зан, ба чор тараф накалавида рост рав! Як, ду! Як, ду! Як, ду!... худат такрор кун!
Балолин. Як,ду,се, чор, панљ! Як, ду, се, чор, панљ!
Рост ба хонаи дарун медарояд. Носхост садои чаппа шудани шишањо баланд мешавад.
Ќоќоим. Бало занад! Њамаи атрњои франсузиамро шикаст!
Давида ба хонаи дарун медарояд.
Овози Балолин. Тавба кардам! Дигар намекунам!
Овози хандаи Ќоќоим. Ба љои гиря хандиданро ана аз ман ёд гир! Ња-ња-ња!
Намоиши 5.
Хонаи Тароим. Тароим ва Каролин...
Каролин. Пулатон бобаракат будааст. Як њазоратон ду њазор шуд.
Тароим. Чї хел наѓз! Вале он пулро барои шумо дода будам.
Каролин. Вале ман наметавонам аз ин дарёдилии шумо истифода барам.
Тароим. Шумо дам гиред. Ман њоло шомпон меорам.
Каролин. Бахт бо пойи худаш меояд. Худоё, худат мадад бикун, ки аз ин...(Аз берун садои шарфаи пой.) бахт бенасиб нашавам... Вале ин овози кист? (Ба берун менигарад.) Худоё! Охир ин Балолин аст! Агар ба дасташ афтам, шарманда мекунад! Пая кандан даркор!
Каролин аз тиреза баромада меравад. Балолин меояд.
Балолин. Тавба, дар ин шањр њама дарњо кушодаю фаќат дарњои дил баста.
Тароим шоду хушбахт омада ўро оѓўш мекунад.
Тароим. Маро бубахш, азизам, ки туро зуд нашинохтам!
Фурсатро аз даст намедињем! Зуд рафта як мулло биёр, ки никоњ кунем.
Балолин. Уф, њамин ќадар машќњои кардагиамон ягон зарурат надошта будааст! Дари дил њам кушода будаасту мани аблањ бехабар.
Тароим. Ту кистї?! Полковник?
Балолин. Бале, ман барои њабс кардани Каролин омадаам. Вале агар шумо ин ќадар бетоќат шуда бошед, худи њозир муллоро меорам.
Тароим. Уф. Ман ин гапро ба Каролин гуфтам. Шуморо вай пиндоштам.
Балолин. Пас, Каролин њамин љост? Зуд ўро ёфта дињед, ман ўро бояд њабс кунам. Вале шумо парво накунед. Кори шумо њамааш гул мешавад. Ман метавонам шуморо хушбахт кунам.
Тароим. Хеле хуб. Шинед. Ба шумо ќањва, ё коняк?
Балолин. Њардуяш њам чизи хуб. Вале аввал зањри мор -Каролинро мехоњам!
Тароим. Каролин њамин љост, гурехта намеравад. Вале мувофиќи одати шарќї, аввал як дањон ширин кунед...
Балолин. Хуб, ташвиш накашед. Ин љомадони сењрноки мо нигањбони шумост. Марњамат (Аз љомадонча коняку шоколад мебарорад.)
Тароим. Шумо одами хуб будаеду ман нафањмидам.
Балолин. Касбамон њамин хел: ба назари одамон чунин менамояд, ки гўё њама полковникњо одами бад бошанд. Гиред. Барои зудтар шарманда шудани бољаам…
Тароим. Боља гуфта киро дар назар доред?
Балолин. Албатта, Каролинро. Канї вай муттањам? Наход ки шумо як зани зебои ишкамкалони...бубахшед, кундамиёни...эъ, боз бубахшед, мўрчамиёни ќишлоќ, ба гапњои њамон нархари таппа-тайёр бовар кунед! Охир њар як нигоњи шумо пул, эъ... гул аст, хандаи шумо - њангоси хари њангї, эъ... бубахшед, овози булбул аст, вале вай садќаи шумо шавад, ки фаќат дар фикри фиреби шумост. Куљост вай?
Тароим. Гуфта буд, ки ќишлоќ мераваду ќарзњои ким-киро медињад.
Балолин. Дурўѓ мегўяд. Вай дигар умре дорад ба ќишлоќ ќадам намемонад. Агар ќадамаш расад, аз он ќишлоќ дуд мебарояд. Охир бо фанду фиреб пули њамаи ќишлоќро рўёнда гирифт. Вале мегўянд, ки он пулњоро барои наъшаљаллобї сарф мекардааст!
Тароим. Наход, ки...
Балолин. Аз наъшаљаллобњо ќарздор шуда пули мардумро ба онњо дода боз камаш сад њазор ќарзаш мондааст.
Тароим. Худоё! (Бехуд мешавад.)
Балолин. Чї бало зад? Ммм, бубахшед, ба шумо чї шуд?
Тароим. Вай имшаб аз ман сад њазор пул гирифт, ки ду баробар мекунад.
Балолин. Офарин, њамаи моро ана њамин хел фиреб карда мегардад. Мо ќишлоќињоро содда мегўянд, вале ба шумо шањрињо чї шуд, ки ин ќадар зуд ба доми найранги вай меафтед?
Тароим. Чї донам? Бовар кардам.
Балолин. Ман зуд ба ќишлоќ меравам. Шояд дар њамон љо бошад. Дид, ки ман дар инљоям, асоша ба рўшанї заданист. Лекин бо ман баробар шуда наметавонад! Ман њаќамро аз дањони аждањо њам меканам! Њамааш гул мешавад! Сад њазори шуморо њам канда гирифта медињам!
(Љомадонашро мањкам карда рафтанї мешавад.)
Тароим. Истед, ман метарсам. Ман ба шумо гапњои муњим дорам. (Ба як тараф.) Рўњи шўякам дар тани њамин аст!
Балолин. Ман њам. Њамаашро протокол мекунем.
Тароим. Гапи ман њаётан муњим! Шуморо ман дўст доштам...
Балолин. Шумо ба ман маъќул, мўйи думкалтаатон маъќул, пои каљалатон маъќул, ранги паридаатон њам маъќул. Ман гапамро баъд мегўям!
Бўсидан мехоњад. Ин ваќт љанљолкунон Шароим меояд.
Шароим. Хонумљон, шафќат кунед! Полковникљон, умедам ба шумо!
Балолин. Тинљї њаст?
Шароим. Каролини шумо дина аз ман њазор доллар гирифту дигар худаша нишон намедињад. Ман аз як љўраи муфаттишам фањмидам, ки пули ќарзаш њамагї сад њазор доллар мондааст, њамонро, ки љамъ карда дод, худи пагоњаш гурехта ба хориља мерафтааст!
Тароим. Э, не-е!
Балолин. Метавонед бовар кунед. Дар ќишлоќ фаќат кораш њамин буд.
Шароим. Илтимос гўед, ки ќарзи мардума дода баъд равад.
Тароим. Ман намедонам, ки вай дар куљост.
Шароим. Рўњу авлиёњои илми ман мегўянд, ки дар кисааш билети самолёт дорад. Аљаб не, њоло дар фурудгоњ бошад.
Тароим. В-воњ! (Дилашро дошта меафтад.)
Њарду. Ба шумо чї шуд?!
Тароим. Охир вай... лаънатї сад њазори маро гирифт... Ана њамин љо истода буд, дар як нафас ѓайб зад! Худољон, ман чї гуноњ кардам, ки ба дасти он ќаллоб гирифтор карди-я?!
Шароим. Ту барои чї ба вай пул додї?
Тароим. Охир бо вай никоњ карданї будем.
Шароим. Эњња, вай бо ман никоњ карданї буд. Кадушўрбоњои семоња хўрдагиша љамъ кард, ки пулаш зиёд шуд. Бањона кард, ки туро наѓз мебинам, аз чолат људо шав, туро мегирам. Илм карда, амал кард, ки дар ду рўз рўи шўям чаппа шуда маро талоќ кард. Ўро њабс кунед.
Балолин. Бепарво бошед, њамааш гул мешавад! (Коѓаз гирифта.) Дар баёнот ќайд мекунем. Имзо монед.
Шароим. Одамро фањмида намешавад. Воќеан, бо фармони вай ман дина лимузинро киро карда овардам. Баъд фањмидам, ки гўё лимузинро барои ў сарвазир фиристодааст. Ин њамааш найранг. Одам, ки як бор ба гуноњ ѓўтида лаззаташро чашид, то бехи гўшаш гуноњ кардан мегирад. Ин аз њамон хелњо!
Тароим. Маро шумо фиреб додед?!
Шароим. Ман бо президентњо нишастаам, бо сарвазирњо нишастаам, вале дар умрам ин хел фиреб нахўрдаам. Одамї шири хомхўрда. Акнун полковникљон, ўро ёфта ба љазо расонед.
Балолин. Мебинем, месанљем.
Тароим. Ана ин дусад долларро гиреду вай муттањамро ёфта ба ман дињед. Мехоњам, ки худам бо вай њисобї кунам.
Балолин. Ин пулчањоятонро барои худоии Каролинљонатон нигоњ доред. Барои ман як хандаи Шароим барин одамони боинсоф аз њазору чорсад доллари шумо болотар аст! Вале ман гуфтаамро мекунам: њаќи худамро аз дањони аждањор њам мерўёнам! Њамаашро гул мекунам!
Шароим. Рањмат, додарљон!
Балолин. Рафтем, вай аллакай дар дасти ман!
Њама мераванд. Тароим танњо. Ба дањшат меояд.
Тароим. Худоё, алобу оташ аст! Аммо... (Нола мекунад.) ,П-пул... пули ман дар дасти Каролин монд! Оњ, пулњои ман!
Нола баландтар мешавад.
Сањна торик мешавад.
Намоиши 6
Хонаи Ќоќоим. Ќоќоим ва Балолин машќи назокати рафтор мекунанд.
Ќоќоим. Њоло њам ёд нагирифтї: бояд мулоим гап занї, мисли полиси муќаррарї кибру ѓуруру бадзабонї накунї, мисли вазифачадорњои бефарњанг аз ёфтани як далел одаму одамгариро фаромўш накуну бо эњтиёту эњтиром пурсуљўро давом те. Охир маќсади ту полис шудан не, балки ёфтани дили Тароим ! Дили зани эркаи пулдорро танњо бо шеъру суруд, бо раќсу тарона, бо мулоиматї, бо аќлу фаросати баланд меёбанд.
Балолин. Э ёфтани дили вай ба ман чї лозим!? Ман бояд ба пулњоям соњиб шавам! Пуламро ки гирифтам, пушти сарам њам дигар вай рангпаридаро намебинад!
Ќоќоим. Бадтарин одати ту ана њамин: кора накарда аллакай дар аспи натиљаи хаёлї парвоз мекунї! Аввал дилаша ёфта пулата гир, баъд чор тарафат ќибла!
Балолин. Мебахшї, ин гапат рост.
Ќоќоим. Э, агар њама мардњо бо мантиќи мо, занњо кор мекарданд, ким- кайњо олам гулистон мешуд. Машќро давом медињем. Гапњои хушрўйи мўйсафедони дењотиро ба ёд биёр, ки мисли булбул мехонанд! Чунон гап зан, ки суханат мисли шеър садо дињаду туи бекафан аз њазор бойбобоњову мансабчадорњову полисњои аз дами дањонашон оташ мебаромадагї болотар шавию дили беваи эркаи сумдор мањз ба ту, аблањ, гарм шавад. Сар кардем!
Балолин. Ман туро мебинаму гапњои рањматии очаам ба ёдам меояд, туро мебинаму гулњои зебои хор-хораки кўњистон ба ёдам мезананд, туро мебинаму њазор љалољинам дар назарам мисли ќунѓузаки сиёњ менамоянд, туро мебинаму оби софи дав-давони љўйбори кўњї ба ёдам меояд, туро мебинаму гови зотии сершири њамсояамон ба ёдам меояд, туро мебинаму мехоњам, ки бо як ќатра араќ фурў барам, чунон ба оѓўшам гирам, ки дар маѓзи устухонам љой шавї! Бо њарорат, бо назокат, аз дилу љон бўсаи љавонии худро ба шумо таќдим мекунам... (мебўсад.)
Ќоќоим. Оњ... Ањњ... сссарам гаранг шуд.
Балолин. Мешавад?
Ќоќоим. Ман нафањмида мондам, ки чї шуд... Сарам чарх зад...
Балолин. Монда шудї.
Ќоќоим. Боз як бори дигар. Аз нав.
Балолин. Не, дар њаќиќат, ман аз бањри Љалољинам мебарояму танњо як маќсад мегузорам: хушбахт кардани ту, обод кардани хонаи ту, мехоњам, ки дар лабони ту на табассуми сохтаи шањрї, балки хандаи ќоњ-ќоњонаи дењотї љой шавад, шодию хурсандиат шодии њаќиќї бошад, хонаат хонаи бахти ростина бошад, худат дар осмони баланди бахт парвоз кунї! (Мебўсад.)
Ќоќоим. Наѓз...
Балолин. Хуб, ман меравам ба сўи бахт!
Ќоќоим. Исто, Як дам ист.
Балолин. Хўш... Равам, ки дер шуд.
Ќоќоим. Нарав...
Балолин. Чаро? Охир соат дањ шуд...
Ќоќоим. Пеши Тароим нарав, пеши ягон кас нарав. Худоё, аз фикри он, ки ту њоло назди Тароим меравию ин ќадар самимона гап мезанию ин ќадар бо њарорат ўро мебўсї, дилам «љиѓѓї» кард! Нарав аз ман, ки бо ту меравад хандањои њаќиќиям! Нарав аз ман, ки бе ту меравад бахти дерпайдои ман! Нарав аз ман, ки бо ту меравад умри љавониям!
Балолин. Њм... Наќшатро наѓз иљро мекунї!
Ќоќоим. Не, не, не! Ин наќш нест, ин садои дили ман аст!
Балолин. Фањмидам, ана њамин хел гуфтан даркор.
Ќоќоим. Не, не. Ту аз аввал кундфањм будї, вале як бор маро фањм: чї ќадар мехоњам, ки озод бошам, мехоњам аз тањти дил шодї кунам, мехоњам ки ваќти гиряам омадан гиря кунаму ваќти хурсандї ханда кунам! Ту ин гапњоро гуфтиву дилам ба ларза омад. Ин наќш нест, ин садои дили ман аст, дарди деринаи ман аст!
Балолин. Ќоќоим, ту ашк мерезї? Ин ашки њаќиќист!?
Ќоќоим. Ту пеши Тароим нарав, абадї њамин љо бимон!
Балолин. Ман бояд пулњои худамро кашида гирам.
Ќоќоим. Бало ба паси њамон пулњо! Дилро нашикан!
Балолин. Устод, ба эњсос дода нашавед. Ин панди худатон.
Ќоќоим. Чї ќадаре ки хоњї, ман ба ту пул ёфта медињам! Нарав!
Балолин. Ман ба ту шавњаратро бармегардонам.
Ќоќоим. Њазор Каролин тасаддуќи як тори мўйи ту! Лозим нест!
Балолин. Уф... Хайр, наќшро иљро кардем, акнун ба ман љавоб.
Ќоќоим. Ту бо дили ман чї кор кардї?! Ман нав фањмидам, ки ман њам дил дорам!
Балолин. Ман... Умуман... Намедонам. Хайр...
Ќоќоим. Агар равї, ман ба назди Тароим рафта њама сирри туро ба ў мегўям! Коре мекунам, ки њам аз пулњоят монї, њам аз Тароим, њам аз рўзгор! Ба полисњои шиносам туро ба наъшаљаллобї тўњмат мекунонаму дањ сол мешинонам! Дили занро наёзор! Зани дилозурдаи аз бомбаи атомї дањшатноктар аст!
Балолин. Фањмидам, азизам. Акнун бовар кардам. Ман њам ба ту, тарангчаи гули гандум, дил баста будаму намедонистам чї хел диламро ба ту кушоям. Ба ман ана њамин хел занњои чаќќони донои мубориз даркор!
Ќоќоим. Рост мегўї?
Балолин. Як умр дар орзуи ту барин духтари шоњи парї будам!
Ќоќоим. Рост мегўї?
Балолин. Ман инро барои ролбозї намегўям, аз дили софи љавониам мегўям, бовар кун! (Мебўсад ва рўймолашро гирифта дар курсї ўро мебандад. Вале њар лањза бўсида гап задан намемонад.)
Ќоќоим. Оњ, худољон... Ту чї кор мекунї?
Балолин. Ишќи ќишлоќиро њам ёд гир! Одати мо ана њамин хел.
Ќоќоим. Ња... Эњ, чаро дасту поямро мебандї? Дастам шикаст!
Балолин. То ин ки љунбида натавонию хапакак шинї, дар дањонат пахта њам мемонам. (Дањонашро мањкам мекунад.)
Ќоќоим. Оњ, аблањ! Ман инро њамин хел нам...Ммм...
Балолин. Ба ту чї шуд? Панди дуюматро ба ёд биёр: ваќти гиря ханда кардан лозим! Ханда кун ба њар њол, зеро ки ман ба ту шўятро бармегардонаму ба худам пули чор гову дањ гўсфанду дувоздањ њарамро! Имшаб мумкин наоям. Љоят наѓз. Метавонї то сањар дам гирї. Барои ту хоби хуш орзу мекунам!
Ќоќоим. Ммм...ммм..
Балолин. Фањмидам. Ба хотири мењрубонињоят, туро болои диван мехобонам, ки аз ман розї бошию барои ишќи бобарори ман дуои нек дињї.
Ќоќоим. Ммм...Ммммм...
Балолин ўро озод бардошта ба хонаи дарун мебарад.
НАМОИШИ 7.
Хонаи Тароим. Тароим дар назди оинањои барќад. Шамъро дар мегиронад ва дуои махсусро мехонад.
Тароим. Санта Лучия! Санта Пучия! Санта Мучия! Бараманда! Сарабанда! Калабанда! Шарманда! Ракапуф! Биё, ай рўњи безаволи шўяки охиринам! Биё, ки бе ту ман мурдам! Ки бе ту ман сўхтам! Ки бе ту хор шудам! Ки бе ту зор шудам! Биё! Биёву њаќиќатро бигўй, ки дар љисми кї эњё шудаї!? Биё, биё, биё!
Суроб пайдо мешавад. Сараш кал аст.
Суроб. Ман ким-кайњо дар ин љоям.
Тароим. Вий-ий! Ту њар ваќт аз ин тараф пайдо мешудї...
Суроб. Ман рўњам, бароям монеае нест, аз дили санг њам гузашта омадан мегирам. Муњаббати ту имкон медињад, ки њам аз чапу њам аз рост оям, дару деворњоро шикоф карда гузарам, аз шифт дарояму аз зери фарши бетонї њам гузарам.
Тароим. Чї хел наѓз... Аммо боз ту бемўй шудї? Пас, он дафъа дар сурати Каролин ту набудї?
Суроб. Ман- ман будам, аммо ту дер кардї ва Каролини ошуфта ќањр карда рафт ба љое, ки ман наметавонам бо ў бошам!
Тароим. Намефањмам, ту охир ба љисми Каролин даромада будї?!
Суроб. Ту маро шинохтї?
Тароим. Ба шинохтан шинохтаму лекин дигарњо њам монанд.
Суроб. Ман гуфтам-ку: гапи ман яктост: «њамааш гул мешавад, њаќи туро аз дањони аждањо њам кашида мегирам, ин кор бароям ду кара ду - чор аст! «Наход шинохтани ман мушкил бошад?
Тароим. Охир њама њамин хел мегўянд!
Суроб. Гуфтам, ки гапи ман амал асту њар амалам бо як ишораи абрў иљро мешавад!
Тароим. Њама њамин хел мекунанд!
Суроб. Ба њар њол, ту ќариб ба маќсад наздик будї. Агар зуд никоњ мекардї, масъала њал мешуд. Акнун кор хеле мушкил шуд.
Тароим. Пас, ту бояд њамон Каролин бошї?
Суроб. Бале.
Тароим. Вале вай дар куљост?
Суроб. Дар майхонаи Шароим аз алам менўшад. Пушаймон аст, ки ба васвасаи шайтон гирифтор шуду аз ту монда аз зани худаш ронда шуд. Бадтарин кор њамин, ки ман аллакай дар љисми вай љой гирифтаам ва ба љисми каси дигар даромада наметавонам. Туро танњо Каролин хушбахт карда метавонад!
Тароим. Балолин чї? Вай љавон-ку?
Суроб. Вай беаќл аст.
Тароим. Њаминаш хуб не?
Суроб. Не. Туро азоб медињад: ба пулу молат соњиб мешаваду зани љавони дигар мегирад. Њоло њам дер нашуда зуд бархезу худат ба майхона дарову аз дасти Каролин гирифта ба хона биёр, узр пурсу љонаката ќурбонаш кун!
Тароим. О-оњ, ман дар умрам ба майхона худам танњо нарафтаам.
Суроб. Акнун меравї! Ваќти ман тамом шуд. Хайр...
Тароим. Нарав, Шатолинљон. Ист...
Суроби дигари кал пайдо мешавад.
Суроби 2. Ба њељ куљо намеравї, муттањам!
Суроби 1. Худо зад! Ту кистї?
Суроби 2. Рўњи аслии шўи ин парї манам!
Тароим. Воњ, худољон! Ту кистї?
Суроби 1. Намефањмам. Ваќти ман тамом шуд. (Рафтанї мешавад.)
Суроби 2. Не, исто! Ваќти арвоњ њељ гоњ тамом намешавад!
Суроби 1 мегурезад, Суроби 2 ўро дошта меафтонад.
Суроби 1. Гулўямро сар дењ, гарданам шикаст!
Суроби 2. Арвоњ љисм надорад ва дардро њис намекунад! Пас, ту рўњ нестї, рўњи Шатолин нестї, балки одами заминии гунањгор њастї!
Тароим. Ту кистї?
Суроби 1. Ман рўњи Шатолин њастам, дигар њељ чизро намедонам!
Суроби 2. Ту бо дурўѓу найрангњоят рўњи азизонро ошуфта кардї, ва маро малоикањо равон карданд, ки туро ба љазо расонам. Худат ба њамаи гуноњњоят ќоил шав! Росташро гўй, чї гуноњ кардї?
Суроби 1. Ман гуноњ надорам...
Суроби 2. (Гулўяшро мефишорад.) Њоло њамин хел?
Суроби 1. Сар дењ гулўямро!
Суроби 1. Хўш... Гап зан.
Суроби 2. Гуноњи бадтаринам њамин, ки бо рўњу арвоњ сари кор гирифтам. Ин гуноњи нобахшиданист.
Суроби 2. Маќсад аз омадан ба хонаи зани ман чї буд?
Суроби 1. Ўро дўст доштам.
Суроби2. Дурўѓ мегўї, муттањам!
Суроби1. Маќсад ба пулњояш соњиб шудан буд.
Тароим. Воњ!
Суроби 2. Наѓз. Боз пули кињоро гирифтаї?
Суроби 1. Пулњои Гулоимро, пулњои Калолингро, пулњои Балолингро, пулњои Азоимро, пулњои Бањоимро, пулњои Ќоќоим ро, пулњои Шароимро... Дигарњояш ба ёдам наомада истодааст.
Суроби 2. Ин ќадар пулњоро чї кор мекардї?
Суроби 1. Барои наъшаљаллобї истифода мебурдам. Вале як бор ба даст афтода њама наъшаву пулњоро дода халос шудам. Ќарздодагон њар дафъа барои пулу наъшаашон ба сарам одам мебиёранд, ба љонам тањдид мекунанд. Маљбурам, ки одамони нав ба навро фиреб дода пули онњоро љамъ карда дињам. Њамааш њамин!
Суроби 2. Офарин! Софдилона ќоил шудї!
Суроби 1. Илтимос, ба њоли ман рањм кунед, маро сар дињед. Дигар зану бачањоямро дар савдои наъша бой додаам, хонаамро ким-кай кашида гирифтаанд. Ман аз ин шањр баромада ба дигар љой меравам.
Тароим. Не-е! Ба њељ куљо намеравї! Аввал пулњои маро дењ! Ту кистї!
Ба рўяш чанг зада ниќобро мекашада. Ў Каролин аст
Каролин. Воњ, худо зад!
Тароим. Каролин?! Пулњои маро барор!
Каролин. Маро бубахш, пулњои туро як тин њам сарф накарда барои ќарз додаам, вале ваъда медињам, ки байни як њафта сари як беваи дигари пулдора гаранг карда пулњояшро гирифта ба ту медињам.
Тароим. Не! (Дасту пои ўро мебандад.) Ман туро худи њозир ба полис месупорам! То ки дигарон ба доми ту наафтанд.
Суроби 2. Полис ёрї намедињад. Бењтараш њама одамњои фиребкардаашро љамъ оваред, ки њамроњ адабашро дода пулњояшонро рўёнанд. Ман рафтам.
Тароим. Исто, Шатолинљон. Гўй ки ман чї кор кунам? Чї хел туро шиносам?
Суроби 2. Аз фардо ба назди ту чанд мард бо њар кор меоянд. Ба гапњояшон диќќат дењ: касе ки айнан мисли ман муњаббаташро изњор мекунад, ана њамон одам ман њастам...
Нохост телефон занг мезанад.
Тароим (телефонро мегирад.) Лаббай.
Овоз аз телефон. Ало! Тароим љон!? Ман Шатолин! Аз Сибир, аз байни ботлоќзор гап мезанам.
Тароим. Воњ, Шатолинљон!? Ту зиндаї?! Ба ту чї шуд? Дар куљої?!
Овоз. Бале, зинда, аммо бадтар аз мурдањо! Гўш кун, ваќтам танг. Барои як даќиќа бо ту гап задан ба зиндонбон 1000 доллар додаам. Хулоса, мо дар тайга моламонро савдо мекардем, ки ба даст афтодем ва моро бо наъшањоямон баста бурданд ба зиндон. Камаш 15-20 солї мањкум мекунанд. Вале Боевиклин ном як полковник ваъда дод, ки бар ивази 100 њазор маро аз њабс халос мекунад. Имрўз, ё фардо аз назди вай одам меояд. Ту пулњоро ба дасти ў месупорию маро халос мекунанд. Ман ки омадам, боз пулњо мисли барфу борон ба сарамон боридан мегиранд. Ваќти ман тамом шуд! То дидана. Туро сахт оѓўш карда мебўсам!
Овоз ќатъ шуда садои муќаррарии телефон баланд мешавад.
Тароим. Ана халос. Пас шумо кистед?! (Арвоњњоро мељўяд, вале онњо баъди шунидани суханњо аз телефон аллакай ѓайб задаанд.) Рўњњо! Ин хобу хаёл аст? Худоё, маро бедор бикун, ки девона мешавам! Кадоми ин њаќиќат аст?!
Садои занги дар баланд мешавад. Тароим дарро мекушояд.
Марди ношиносе дар либоси полковник пайдо мешавад. Сари Тароим гаранг аст. Ў њамон Балолин аст, фаќат мўйлаб мондаву погонњояшро дигар кардааст.
Балолин. Сссалом...Мммман па-па-подполковник Боелин. Таќдири шўят дар дасти ман. Ваъдагиро те. Пагоњ шўятро љавоб медињам.
Тароим. Хайрият, ки боз сад њазор доллари дигарро пинњон карда ба рўзи мабодо монда будам. Фаќат њозир не, пагоњ. Пулњоро дар љое пинњон кардаам, ки шабона гирифтанаш илољ надорад.
Боелин. Хеле хуб. Ин љо танњо шабона меоям, ки аз назари мардум пинњон монам, фањмидед?
Тароим. Фањмо. Дусад долларро гирифта ќањва нўшида истед.
Боелин. Каму... хайр, ба хотири зан буданатон майлаш. (Меравад.)
Тароим. Кошки худаш зинда бошаду биёяду маро аз ин ташвишњо халос кунад. Розиам, ки барои ин њама буду нобудамро бахшам!
Занги дар. Зане меояд. Мо ки доноем, мефањмем, ки Шароим аст.
Шароим. Як бор ки занг заданд, давида баро-да! Ман Офатли! Аз он љо! Барои халос кардани шўят омадам. Сад њазора ба дастам медињї, ман шўи туро оварда ба дастат медињам. Барор пула.
Тароим. Охир нав подполковник омаду...
Шароим. Њељ хел подполковникро намешиносам. Ман худам полковник. Карроче, то пагоњї пули маро ёфта мон. Шўёвї кори осон не, наъшаљаллобї аз вай мушкилтар! Ба кас, ки надодед, пули бедардимиёни наъша аз биниатон зада мебарояд! Беинсоф!
Тароим. Инсоф кунед, охир гуноњи ман чист?
Шароим. Гуноњи ту њамин, ки бо мењнат машѓул нестиву аз њисоби пулњои бедардимиёни наъшаљаллобе майишат карда мегардї, барои ту зани дуюм ё дањум будан фарќ надорад, пулаш бошад шуд! Фарќ надорад, ки вай пулњоро аз наъшафурўшї ёфтааст, ё аз њисоби пораи беваю бечорањои корафтода, ё аз дуздию одамкушї. Агар то пагоњ пулњоро ёфта надињї, худатро њам бурда мешинонаму хонаву молу мулкатро тарака мекунонам! Фањмидї!
Тароим. Ман њозир полисро љеѓ мезанам! (Телефонро гирифта раќам мечинад.) Хайрият, ки аз Шароим раќами телефони полисро гирифта будам.
Телефони кисаи Шароим садо медињад.
Шароим. Лаббай.
Тароим. Полис?
Шароим. Бале, ман полис, гўш мекунам.
Тароим. Зуд ба хонаи мо биёед, найрангбозонро доштан лозим.
Шароим. Хуб. Ман аллакай дар назди шумо. Маро намебинед?
Тароим. Шумо?
Шароим. Бале, ман дар рўбарўятон. Омадам, ки шумо барин найрангбозро дошта зиндон кунам. Шўякат дар он љо. Ту дар ин љо. Ин беадолатї. Бояд њардуятон дар як зиндон бошед. Рафтем. Самолёт тайёр.
Тароим. Маро бубахшед, сарамро гаранг карданд. Ман сањарї ба шумо сад њазор медињам. Ана ин панљсадта барои чойпулии худатон.
Шароим. Лозим не. Ман панљсадтаро пул њисоб намекунам.
Тароим. Њазорта! Ошатон шавад.
Шароим. Не, ман туро бояд занљирпеч карда барам! Барои ин корам њарифони наъшаљаллоби шўят барои бозори онњоро кушод кардана ба ман дусадта медињанд!
Тароим. Ман њам њамин ќадар медињам. Илтимос, рањм кунед.
Шароим. Агар боз панљоњтаи дигар њамроњ кунед, то сањар фикр мекунам. (Пулњои рўи миз гузоштаи Тароимро мегирад.)
Тароим. Ман розї.
Шароим. Хайр, шаби хуш. (Мебўсад.)
Тароим. Мммебахшед, аммо инаш зиёдатї...
Шароим. Ман вазифаамро иљро кардам: фањмидам, ки аз дањони ту бўйи наъша меояд, ё на. Хайр, то пагоњ.
Тароим. (Нола мекунад) Худоё, ин чї рўзест? Як марди софдили серпули њалол надидам, ки надидам! Њарки њарчи дошт, як рўз аз биниам баровард! Наход, ки марди асили бе найранг пул меёфтагї набошад?! Кист ў?
Аз чанд тараф Балолин, Каролин, Шароим, Ќоќоим мебароянд. Њама ба Тароим њуљум мекунанд.
Каролин. Ман генерал! Пулњоро ба ман дењ!
Шароим. Љое, ки зан бошад, шайтон андеша кунад!
Балолин. Њушата ба љояш мон, ман -манам!
Ќоќоим. Ман њам аз ќатор ќафо монданї нестам!
Тароим. Худољон! Маро нигоњ дор аз ин Сияњбод, аз балоњои охирзамон!!! Аз ин зиёдаш зиёд аст, Љумъа Ќуддус, пардаро фарор! Тавба! Гуноњ њам ба дилам заду лаззати гуноњ њам!
ПАРДА.
Свидетельство о публикации №223032600502