Шарр-ошуб мазхакаи муболиганок

Ё ШАРРОШЎБ
(Мазњака дар 2 ќисм)
ИШТИРОККУНАНДАГОН:
ДОНО- Ў ИНЧУНИН МУАЛЛИМ ЉОНИБЕК ВА ЉОН ХИРАДЗОДА.
ДОНА.
БУРГУТОЙ.
САРА.
ГУРГАЛЇ.
САНГАЛЇ

Пародия ба воќеаи рўзњои мо.
Бо эњтимоми Њунарманди Шоистаи Љумњурии Тољикистон Давлати Убайдулло соли 2002 омодаи тањия гардид, вале боми театри ба номи Лоњутї фурў рафту тањия мавќуф монд.

ПРОЛОГ
Нисфишабї. Доно боло баромада ѓур-ѓуркунон чизи хўрданї мељўяд.
Доно. Хўрдан мехоњам, аммо чизе нест,- талаб мекунад љисм. Вале рўњ љисмро ба њукми худ медарорад ва ором мекунад: нимгуруснаро шукр мебояд, ки аќаллан нимасер аст. «Дар асри 22 чунин мањрумият!? Намехоњам! - ошўб мекунад ќуввањои шарр дар љисми пурфасод. Боз сар шуд? - ором мекунад хирад...
Ѓур-ѓуркунон дар кресло хобаш мебарад.
ЌИСМИ1.
Дона дар даст коѓазњои лекция меояд.
Дона. Ассалому алайкум, бинандагони гиромиќадр! Њоло шумо як лањза фаромўш кунед фикрњои вазнинро, фикри ёфтани молу пул, ёфтани дили дилдор, фикри ёфтани дили сардорро! Дар сари њамаи мо мудом андешањои нохуше давр мезананд «Ман кистам? Аз барои чистам? Чаро ў соњиби фалон чиз асту ман нестам?! Чаро боми њамсоя аз боми ман баландтар аст!? Ман бечораи берўзиям, ба касе даркор нестам, ояндаи ман торик аст... (Боз ба нуктаи дигари толор мутаваљљењ шуда). Шамъи тобони шаби торики ман ана ин парист! (Меравад.)
Овози Доно. Исто! Шарманда накун!
Дона. Охир вая бин! Кабки маста бин, ба ман чашмак мезанад!
Овози Доно. Аќаллан дар љоят ист! Ту доъии хирад њастї!
Дона. Уфф...)ба љояш баргашта бо њавас ба толор менигарад, овози Доно нутќро давом медињад.)Ммм...
Овози Доно. Бидонед, ки њељ ањаде аз бани Одам аз азал мазлуму бенаво наомадааст! Њељ касе соњибмансабу тавоно низ аз модар тавлид нашудааст! Њељ касе барои зулм кашидану њељ ањаде барои зулм кардан халќ нашудааст! Ин њама таќсимоти ноодилона аз гирифторї ба њавасњои тира, ѓарќа гаштани адл дар миёни њавасњои беохири инсонии мо сар мезанад! Пас, мебояд, ки сари ваќт пеши њавасњоро гирем ва бо хирад њавасњоро танзим кунем. (Дона боз оњ кашида љониби толор меравад.) Биист! Њавасњои ту андешањои олии худи туро ботил мекунад!
Дона. Кифоя. Мон як лањза одам барин зиндагї кунам!
Овози Доно. Сабр бикун! Ин њавасњо туро ба њалокат мерасонад!
Дона. Њамааш ба дилам зад! Ин мумкин не! Вай лозим нест! Ина нахўр! Вая нанўш! Вая напўш! Кай ман ба маќсади дилам мерасам!? Кифоя!
Овози Доно. Ист!
Дона аз гиребони худ дошта гўё бо каси ноаёне талош мекунад, меафтад, аз сањна мебарояд ва ду нафар шуда бармегарданд. Яке Донаву дуюм Доност.
Доно. Ту роњи хаторо интихоб кардї!
Дона. Ман љињод кардам! Ба озодї расидам!
Доно. Бузургтарин љињод- љињод бо худ аст! Ту маѓлуб шудї!
Дона. Аз ин пас номи ман... Дона... Ман озодам! Хоњам мехўрам! Хоњам мепўшам. Хоњам... дашном дода дилама холї мекунам! Хоњам... Умуман, њарчї хоњам, мекунам! Ба ту љавоб! Ту ба куљо, аблањ?
Доно. Љои ман њамин љост.(Даруни бочка медарояд.)
Дона. Одами хуб буд, њайф шуд. Илоњї абадуддањр љоят њамин љо бошаду дигар сари маро гаранг накунї!
Болои бочкаро бо дигар чизњои вазнин мањкам мекунад.
Доно. Ту њоло пушаймон мешавї. Агар кўмаки ман лозим шавад, ѓўй...
Дона. Њаргиз даркор намешавад! Зеро ки ман акнун ОЗОДАМ! Урра!
КОСТЮМАШРО КАШИДА БА ЗАМИН ЃЕЛ МЕЗАНАД, ШОДЇ МЕКУНАД. ЊАР ЧИЗИ МАЌБУЛАШРО ФУРЎ МЕБАРАД, МЕХЎРАД, МЕНЎШАД.
Овози Дона. Хуш... Боз чї?
Дона. Дилам меход... Дилам бисёр чи меход, лекин... киса холї... чи ко кунам? Ёфтам. Ризќи ман дар дасти ана њамин мардум!
Овози Доно. Њай-њай-њай! Ин чї пастї?!
ДОНА КУЛОЊАШРО ЧУН ГАДОЁН ПЕШИ ДАСТ ГИРИФТА БА ТОЛОР МЕДАРОЯД.
Дона. Мардум! Надидам нагўед! Нашунидам нагўед! Ман ба шумо пул медињам! Шумо ба ман њозир пулњои бекор хобидаатонро дињеду пас аз як моњ ду баробар карда гиред! Зеро ки банки ман пул мезояд! Биё, бача! Пулба биё, бача! (Чанде пул мепартоянд, аз он љумла Сангаливу Гургалї низ.) Офарин! Яка партову сада гир! Сада партову њазора гир!
Офарин! 3251-ум! Биё, ки аз дунё ќафо мемонї!
Сангалї. Чї будааст 3251-ум?
Дона. Пула парто, мефањмї.
Сангалї. Ана. (пул медињад.)
Дона. Урра! 3251-ум одама ањмаќ кардам! 3252-юм! Биё, ки дер намонї.
АЗ САЊНА МЕБАРОЯД. САНГАЛИВУ ГУРГАЛЇ АСАБИЁНА РАЊИ ЎРО МЕПОЯНД.
Сангалї. Њозир вай меояду пулњои маро сад баробар карда бармегардонаду ман соњиби мошин мешавам!
Гургалї. Ман соњиби хона мешавам!
ДОНА ДАР БАР ЛИБОСИ НАВ ДАР ДАСТ КАЛИДИ МОШИН БАРМЕГАРДАД.
Сангалї. Урра! Пул омад! Пулљони мо омад!
Гургалї. Ассалому алайкум, пулљон-ако! Дињед, ки тоќатам тоќ шуд...
Дона. Пули ту мурд.
Гургалї. Лаббай? Охир гуфтед, ки вай зиёд мешавад, мезояд...
Дона. Вай бояд мезоиду... сари хишт рафт! Љояш љанат шавад.
Гургалї. Уфф...(Дилашро медорад.)
Сангалї. Акаи раис, акаи раис, пули маро...
Гургалї. Пули ту њамоно ќисир мурд! Ба дунё дил набанд, дунёи фонї бигзарад...
Сангалї. Мана фиреб кардї?! Милиса! Милиса! Ба доди ман рас!
Гургалї. Ман милиса. Њозир ман ба ту нишон медињам... Ист!
Дона. Ту кї? Милиса? Милиса њамин ќадар зўр аст? Њозир метарошем. Аз портфелаш як кулоњ бароварда ба сараш мегузорад) Њм?
Гургалї. И-е!? Акаи начайлик!?
Дона. Ту вай пулњои ба ин банк мондагия аз куљо ёфта будї?!
Гургалї. Пули мењнати чандсолаам буд... мероси хушдоманам буд.
Дона. Дурўѓ! Боз аз вазифа сўиистеъмол карда ба шањрвандон тањдид мекунї?! Худат гўй, ки барои ин гуноњ чанд сол бояд шиниї?!
Гургалї. Дувоздањ сол, вале ман гуноњ надорам...
Дона. Барои якравї ман боз ду соли дигар илова мекунам!
Гургалї (ноумед шуда.) Акаи начайлик...
Дона. Майлаш... Мо ќадри одама медонем. Њазор доллар метию љоната халос мекунї. Ман ба бачањо гап мезанам...
Гургалї. Акаљон, њамон пулњо ошатон шаваду... Лекин гўед, ки ба ин дараљаи хирадмандї чї хел расидед? Маълиматон кї?
Дона. Маълимама гирифта дар њо ана вай бочка љой кардаам.
Гургалї. Фањмидам... (Шитобон даруни бочка медарояд. Аз ќафои он мебарояд.) Хайрият... Ман БДА... Ин БДА-яш чї буд?.. Ња, охир ин маълум аст-ку. Бидењ доляи аката! Ёфтам! (Дасти Донаро бўса карда меравад.)
САНГАЛЇ ЊАМ ИНРО ДИДА БО ШАСТ ХУДРО БА БОЧКА МЕПАРТОЯД.
Сангалї. Кароче-да! Ман дигар бачаи оча нестам! Ман во-оњ! (Меравад.)
Дона (механдад). Ана роњату ана маишат! Ту чї њол дорї? Зиндаї?
Доно. Ња. Мазњака менависам: «Љињод, ё Шаррошўб»
Дона. Љумъа Ќуддус 50 мазњака навишта чї шуд, ки ту шавї? Мушњои хонааш бо асо мегарданд! (Чўбакеро гирифта мисли аспаки тифлон савор мешавад.) Биё, мисли ман маишат кардана ёд гир! Урр-ра! (Ин тараф-он тараф метозад.) Боз ким-чї намерасад! Ња, ёфтам! Ана вай! У-тю-тю! (Љониби толор рафта аз дасти Сара гирифта мебарорад.) Утю-тю-тю. Номакат чї?
Сарагул. Рафиќом Сара мегўянд, момам Сарагул, очам Гулсара.
Доно. Ба асп савор шудан мехоњї?
Сарагул. Мехоњаму... шарм медорам.
Доно. Шармата ана ин љо парто! (Ба бочка ишора мекунад.)
Сарагул. Хуб! (Рўймолашро кашида ба бочка мепартояд, ба «аспак» савор шуда њамроњ асптозї мекунанд.)
Доно. Урра! Маъќул? О-о-о-оњ! (Нохост истода чўбро кашида гирифта ба толор медарояд). У-тю-тю-тю... Нохост истода ќафо мегардад, мегурезад, зеро ки Бургутой ба ў њуљум карда меояд.
Бургутой. Мењ! мењ! мењ!  У-тю-тю-тю! Биё, аспсавори ман! (Афсун карда бо њаркатњои сабуки худ аз љайби Доно пулњояшро мегирад. Ба асп савор мешавад.) Биё бача! Асп-да биё, бача! Аспи саманд-да биё, бача!
Њама аз ќафои ў метозанд.
Њама. Мо њам аспсаворї мехоњем! Исто!
Дона. Охир, вай аспи ман аст!
Бургутой. Аз ту буд, аз ман шуд! Биё, Гургалї! Савор шав. Пулаша те!
Асп метозонанд. Дигарон аз ќафои онњо метозанд.
Дона. Ин беинсофї! Истед!
Бургутой. Сангалї! Биё! Пула барор!
Дона. Истед! Фаро аз аспи ман! Ин беинсофї! Охир ин аспи ман! Фаро!
Бургутой. Охир мо озод њастем! О-зод! Мефањмї!? Худат ба мо ёд додї!
Дона. Њоло њамин хел?! («Аспак»-ро кашида мегирад ва мешиканад.)
Бургутой. Ту чї кор кардї?!
Дона. Мо озодем! О-зод! Асп-аспи ман буд, хостам, шуморо савор кардам! Нахостам, шикаста партофтам! Зеро ки мо озодем! Кори шумо чї?! Дафъ шавед!!! Дигар аспро дар шаби хобатон мебинед!
Доно бошиддат ќадам зада андеша меронад.
Доно. Не, ин озодї барои инњо хатарнок а ст. Ба имдоди онњо бояд расид!
Њама. Не-е-е! Ту барои ин љавоб медињї! Лаънатї!
Дона. Истед! Инсоф кунед! Охир худи ман ба шумо озодиро нишон додам! Ба худ оед! Инсоф кунед! Шафќат кунед!
ДОНО ДАР СИМОИ ЉОНИБЕК-МУАЛЛИМ НАЗДИ ОНЊО МЕОЯД.
Доно-Љонибек. Истед. Шарм доред. Ана, оќибати кори шумо озодњо, чї мешавад.
Ту охир зани никоњии манї, Бургутой. Вале нўњ бор ба ман хиёнат кардї...
Бургутой. Дурўѓ! Дањ бор...
Доно. Бигузор дањ бор бошад....
Бургутой. Туро соњиби кори баобрўй кардам? Кардам. Соњиби мошину чизу чора кардам? Кардам! Боз чї мехоњї?! Аз АММа-и ман намон, ношукрбанда! АММА-ро сахттар ќап!
Њама. Ин чи хела амма?
Доно. Уфф. Ассотсиатсияи Миллии Маърифати Амалї- Љамъияти китобдўстон, ноширони китоб, китобхонањо. Ин барои аз ташкилотњои байналмилалї гирифтани мададпулї...
Дона. Хуб кори зўр будаасту ин ношукрї мекунад?!
Бургутой. Гўш кун, мўйсафед, ба ту љавоб! Се талоќ!
Доно. Аќаллан њамин лоињаи саркардаамро ба охир расонам.
Бургутой. Шўи навам ба охир мерасонад! Эълон: Барои шавњари њафтуми ман шудан њамаатонро ба озмун даъват мекунам! Ба ѓолиб ман ва корхонаи АММА мукофот дода мешавад!
Доно. Ин камоли аблањист...
Бургутой. Касе, ки аввалин шуда ба таги њо ана вай дарахт мерасад, ман аз они њамон мешавам! Ба пеш, мардњои асил!
Њама медаванд, њатто занњо низ. Доно аз дасти Сангалї медорад.
Доно. Ту ба куљо? Аќаллан ту андеша бикун. Кампири бечораро ба сарат мезанї? Охир ту љавонї, оянда дорї.
Сангалї. Њама медаванд- ман њам медавам. Ягон чиз мерасидагист. Бин, дар кисаи ман доллара саг намехурад! Дар кисаи ту чї њаст?- Шамоли холї. Биё, ту њам бењтараш дав! Аќаллан гарм мешавї! (Меравад.)
Доно. Афсўс... Эй аќли кулл, наход мо бигзорем, ки љањолат ѓолиб шавад. Не, биёед, њамроњ чорае ****... Ња... Ёфтам! (Меравад.)
ИШТИРОКЧИЁНИ «МУСОБИЌА» ШОДОН БАРМЕГАРДАНД.
Бургутой. Урра! Ман аз они Дона шудам!
Њама. Муборак шавад! (Баъзењо бо дили нохоњам.) Мўрак шавад.
Бургутой. Ана акнун... Акнун... Ана акнун маро хуронда сер бикун!
Дона. Чї хел?! Охир ман чизе надорам...
Бургутой. Корам чї?! Шўи ман шудї?- Шудї! АММА-и маро гирифтї?- Ња, гирифтї! Не нагўй! Акнун мард бошу хўрон, пўшон, нўшон, чаррон...
Дона. Охир ман нав ѓалаба кардам. Охир АММА-и ту њоло њељ чиз...
Бургутой. Наметавонї? Њозир озмуни нав эълон мекунам! Надидам нагўед! Нашунидам нагўед! Њар касе ки...
Дона. Шуд! Шуд! Обрўи маро нарез! Ту дар ин ља шину аз љигар нола карда дастата пеш дору суруд хон, худо ризќата медињад!
Бургутой. Хуб. Месанљем. (Меравад.)
Сара (бо карашма). Ба ман чї маслињат медињї?
Дона. Ту аввал дасти мана сафед кун.
Сара. Ана. (Дасташро сафед мекунад.)
Дона. Ту њам суруд хон. Ту, Гургалї, раќс кун. Ту њам, Сангалї, љумбон.
Њама. Урра! (Мераванд.)
Бургутой. Худо дод! Якта пуфак гирифтам. Як умр орзу доштам, ки пуфак дам карда кафонам! (Дам карда мекафонад.)
Сара. Ба ман њам пуфаккафонї маъќул! (Пуфак дам карда мекафонад.)
Бургутой. Ту пуфакойи мана нагир! Дар ягон љойи дигар гадої кун!
Сара. Ин замина ту нахаридаї!
Бургутой. Харидам! Патент додагї!
Сара. Ман њам додагї! Баро аз љои кории ман!
Сангалї. Худо дод! (Аз дасти бачае «хлопушка» гирифта оташ медињад.)
Гургалї. Шикамам гушна мегўиву «хлопушка» мепарронї?
Сангалї. Мо озодем, чї коре хоњем, мекунем. Шикама худо сер мекунад. Вале паридани ин љонвара бин!
Гургалї. Ман њам бачаи љайра нестам. Ман њам мепарронам!
Сангалї. Фаќат дар љойи дигар паррон! Инља љойи ман!
Гургалї. Мо озодем, дар кадом тарафе ки хоњем, паррондан мегирем!
Сангалї. Дастом мехоранд! Эњтиёт шав!
Бургутой. Ту њоло бо телефони ман гап назадї! Эњтиёт шав!
Гургалї. Мана гург мегўянд, саѓира, њушёр шав!
Сара. Вий! Мекушанд! Ёрї дињед!
Дона. Э, шумо ягон зарра аќл надоред? Калла доред, ё не?
Њама. Калламона дар њо ана он љо партофта омадаем. Рафта гирем?
Дона. Уф. Не... Гўш кунед: ту инља суруд хон, ту дар ин ља. Ту Гургалї шиштагињоро љарима гирифта рост хезон. Ту, Сангалї, хестагињоро љарима гирифта шинон. Фањмидед?
Њама. Урра! (Мераванд.)
Гадої мекунанду ба пулаш пуфаку «хлопушка» харида кафондан мегиранд.
Дона. Шикамча гушна монд. Хурмо мехўрам.
Хурморо ба дањон мебарад, њама њуљум мекунанд.
Њама. Ман њам мехом! Хурмо мехом!
Дона. Шумо пул кор кардед, харед. Чаро хурмо нахаридед?
Њама. Мо дигар чиз харидем. Зеро, ки мо озодем. Чизе хоњем  мехарем!
Дона. Ихтиёратон, вале ба хурмои ман даст нарасонед!
Њама. Хурмоятро те!
Дона. Охир ин хурмои ман!
Њама. Чї фарќ дорад? Мо озодем. Хурморо аз куљое набошад, гирифтан мегирем! Хурмо те! Хур-мо! Хурмо!
Дона. Вой до-о-од! Ёрї дињед!
Доно. (дар боло китоб вараќ мезанад). Дилам месўзад ба ин бечорањо. Истед. Ман њозир ба ёрии шумо меоям!
Њама. Сос! Сос! Сос!
Доно макети мошинеро тела дода пеши одамон меорад.
Њама. Ин чї балост? Мошин аст? Самолут аст?
Доно. Эй халоиќ! Ба суханам гўш дињед! Агар ин маъниро фањмед, соњиби хурмои абадї мешавед! Ин чизе ки мебинед, шабењи њоли шумост. Ин мошин аст, дорои њама гуна амалњост, њатто амали аз корњои шумо пурќувваттар: ин як мўъљиза аст, меравад, мебарад, бор мекашонад, ба манзиле мерасонад. Аммо њоло як чиз намерасад: љон. Агар ба ин сўзишворї резем, љон мегирад. Вале ин њам кам аст. Бубинед: наздиктар оед, ин мошин чанд мурват дорад бо яке ба чапу рост тоб мехўрад, бо дигаре суръаташро зиёд мекунад, бо дигаре паст мекунад, бо мурвате умуман њаракатро фавран ќать мекунад.
Сухан гуфта ба пеш меояд, зеро ќисме пеш намераванд. Дар назди мошин Гургаливу Сангалї. Занњо бо мароќ худи ўро тамошо мекунанд.
Гургалї. Чї хел?
Сангалї. Пешаш аз ман...
Гургалї. Ба ман ќафояш њам шудан мегирад.
Мурватњоро тофтан мегиранд. Занњо гоњо ба костюм, гоње ба галсутки Доно даст зада месанљанд, Љаѓагул дандонашро њисоб мекунад.
Доно. Мисли ана њамин, шумо низ љисм доред, љисми тавоно доред, метавонед пешу ќафо равед, боло љањед, њар амале хоњед бикунед, вале боз чизе намерасад. Чист он? Хирад! Ба шумо њамаин хирад мебояд, ки зарару фоидаи худро бидонед, бо ин мурватњо њавову њавасњоро танзим кунед, ба тарафи чапу рост тоб дода самти фасодшавии љисмро дигар кунед...
Бургутой. Ба ман бурутњояш маъќул шуд. Ваќти гапзанї хушрўй мељунбад.
Љаѓагул. Ба ман шаш дандони тиллояш маъќул шуд.
Бургутой. Дута дандони тилло дорад!
Љаѓагул. Шарт мекунем, ки шашта!
Бургутой. Бо чї шарт мекунем?
Љаѓагул. Бо худаш.
Доно. Бе ин мурватњои танзимкунанда, бе хиради танзимкунандаи нафсњо љисми шумо як фасодгоњ асту ин мошин як тўдаи оњанпорањои сард!
Љаѓагул. Ана дидї, маълум шуд?
Сангалї. Ба тарафи ман даст накоб!
Гургалї. Ман дари худама канда истодаам.
Бургутой. Дидам. Дута...
Љаѓагул. Њозир боз мефањмонам. Чї гуфтед, зард аст ё сурх?
Доно. Не, гуфтам, «як тудаи оњанпораи сард аст!» Фањмидед?
Бургутой. Ња, дидам, шашта. Шањрама гир!
Доно. Пас, ба шумо чї лозим аст?.. Хи-и..
Њама. Ххх-иии-рмо! Хирмо! Хурмо! Хурмо!
Нохост дасти Сангалї ба сигнали мошин мерасад. Њама аз тарс мегурезанд. Доно сигналро хомўш мекунад.
Доно. Уфф... Истед. Ба шумо њоло чизи дигар лозим. Ба шумо хурмо лозим. Њар касе, ки сахт гушна бошад, пеш ояд, соњиби хурмо мешавад.
Њама давида меоянд.
Њама. Ман гурусна! Се рўз аст, ки доне ба дањон нагирифтаам!
Доно. Хоњед, ки њамеша сер бошед, дар ин дашти кушод боѓ созед.
Дона. Кори хубу... на нињол дорем, на пул...
Доно. Ана ин як миллион барои боѓ, ин як миллион барои мењнататон.
Гургалї. Охир дар ин дашти кушод роњ нест. Чї фоида?
Доно. Ана ин як миллион барои масолењи роњ, инаш барои маош. Созед.
Бургутой. Лекин об нест-ку?
Доно. Ана ин як миллион барои техникаи каналковию сўзишворї, ин як миллион барои маош. Созед.
Сара. Лекин дар ин дашти сўзон љигарсўзок шудам.
Доно. Барои табобати љигарњо як миллион маблаѓ.
Сангалї. Мана шушам касал шудааст. Аз аввал барои норасоии йод ба ман кор карданро манъ кардаанд.
Бургутой. Мана дилам касал.
Доно. Ин як миллион барои табобати шуш, ин як миллионаш барои касалии љоѓар, ин як миллион барои касалии дил!
Њама. Урра!
Доно. Дигар чї мушкилї доред? Тамом? Акнун аз пайи кор шавед.
Савори велосипед меравад. Њама долларњоро бо пуфаку холпушка иваз карда кафондаву оташ додан мегиранд.
Њама. Урра! Аз ман зўртар кафид! Аз ман хушрўйтар парид!
Сара. Барои забон, оташ!
Бургутой. Барои дандон, оташ!
Дону. Барои замон, оташ!
Гургалї. Барои пуфак оташ!
Сангалї. Флоти шашум, оташ! (Хлопушка мепаронад.)
Гургалї. Бомбањои атомї, оташ! (Хлопушка мепаронад.)
Дона. Вале боѓ чї шуд? Роњ чї шуд? Табобат чї шуд?
Њама. Мо озодем, кадом коре ки маъќули диламон бошад, њамонро мекунем! Зинда боз озодї! Зинда бод демократия! Маќсад гирифтан буд,- гирифтем. То омадани табар кунда меосояд. Дањ даќиќа хурмо мехўрем: танаффус.
Ќисми II.

Доно савори дучарха сигнал дода меояд. Њама шах мешаванд.
Доно. Њай-њай-њай! Ин боѓои калони серњосила бину! Ин роњњои росту њамвора бину! Ин канали калони оби равона бину! Ин одамњои солими тануманда бин! (Њама хомўш). Чї шуд?
Гургалї. Мана поям шикаст. Дигар рост намешавад.
Доно. Нагуфтї, ки маъиб њастї? Барои маъюбон хурмои алоњида медињем.
Њама. Ман њам маъиб! Ман њам шал! Ман њам кал! Ман њам кўр! Ман њам хурмо мехом! Хурмои муфт мехом!
Доно. Ту, Сара, охир ягон айб надорї. Як дарахт нашинондї...
Сара. Охир ман бева њастам, ташвиши бачањо дар гарданам.
Доно. Чаро барваќттар нагуфтї? Барои занњои танњо хурмо њаст! Барои танњоият, барои бепарастории кўдаконат. Гир.
Сара. Ташаккур.
Њама. Ман њам бева! Ман њам занмурда! Бачањои ман њам бепарастор!
Дона. Гургалї, ту занатро бева нависондї?!
Гургалї. Ња, шўи зани ман мурдагї!
Дона. Охир ту - шўи занат-ку? Ту охир зинда њастї?!
Гургалї. Барои ту зинда. Дар коѓаз ким-кайњо мурдагї! Фањмидї?
Дона. Нафањмидам!
Гургалї. Њаминам, ки нафањмї, дигар њељ чизро намефањмї!
Доно ба њама хурмо дода чарх зада бармегардад.
Дона. Гапи ту рост, ба ман чї?! Аз пода ќафо мондан лозим нест.
Доно. Кї маъиб аст? Ба маъибњо хурмо медињам.
Дона. Ман њам маъиб шудам. Майнаам аз кор монд: Инвалиди мењнати фикрї.
Доно. Хеле хуб. Ба ту майнаи нав мешинонем. Боз кї?
Сангалї. Мана... поям шал шудааст.
Доно. Наѓз. Пои нав мешинонем.
Гургалї. Ман њам. Ду чашми ман кўр аст.
Доно. Наѓз, чашмњои бино мешинонем. Коре мекунем, ки шумо коршоям шавед.
Гургалї. Не-е-е! Лозим нест! Ман аз инвалидиам пули зиёд мегирам!
Њама. Не, мо аз ин хел ёрї даст мекашем! Бењтараш ба мо хурмо дињед!
Доно. Ин корро ана њамин мошин иљро мекунад.
Дона Чї хел?
Доно. Мавридаш омад, ки дурусттар фањмонем! (Мошинро кашола карда оварда дар байн мегузорад.) Эй халоиќ! Шумо медонед, ки чиро бояд донед?
Дона. Эњ, агар медонистем, ин ќадар хору зор намешудем.
Доно. Пас, гўш дињед: дар ин мошин њама ќуввањо њаст, дар љисми шумо низ њавою њавас ва хирад - ячъне нафси шањвонию ѓазабї ва нафси солими нотиќа њаст. Тавассути аќли нотиќа инсон аз њавасњои зишту бад худдорї мекунад, чуноне ки ин мошин ба воситаи мурватњои худ ваќти зарурат суръатро суст мекунад, ба чапу рост мегардад, ё њаракатро ќатъ мекунад!
Гургаливу Сангалї зуд ба сари мошин омада ба тоб додани мурватњо шурўъ мекунанд. Хавотир шуда Дона њам ба сари онњо меояд.
Дона. Шумо чї кор мекунед!?
Сангалї. Хап шав! Ба ту њам мерасад. Ана ин тараф аз они ту...
Занњо гўё бо шавќ гўш мекунанд.
Љаѓагул. Ту гўш накун! Ту инро ба ман бой дода будї!
Бургутой. Ба ман љумбидани мўйлабаш маъќул...
Љаѓагул. Ба ман њам мааъќул, дугона! Вале ту бой дода будї.
Доно. Мутаваљљењ бошед... Пас... њавову њавас инсонро барои гирифтани лаззатњои шањвонию ѓазабї ба шитоб меандозад, ва касро ба дарду ѓам гирифтор месозад, мисли он, ки агар суръати мошинро аз њад зиёд кунеду ба мурватњои дигар сари ваќт тобеъ накунед, вай боиси фалокат мешавад...
Бургутой њам назди мардњо меояд, бо њайрат ба мошин дармеафтад.
Бургутой. Шумо чї кор мекунед? Маро њам фаромўш накунед!
Гургалї. Ту дер кардї! Њамааш таќсим шуд!
Бургутой. Эњња! Хестї, ки хобї! Агар њаќи ман нашааваад...
Сангалї. Шуд, шуд тарафи ќафо аз ту. Гир.
Гургалї. Бало ба пасаш, гирад. Ба чор кас баробар мерасад: як чархї, як дарї, як харакї, як нима ойина...
Бургутой. Шумо нафси нотиќа надоред? Пас ба ман гўш кунед!
Њама. Чї?!
Бургутой. Аќл надоред! Ина тела дода паси њо ана вай теппа бурдан лозим, ки ба ин нафањмонда таќсим кунем.
Гургалї. Оњ! Дар њамон аќли нотиќаат садќа! Барваќттар нагуфтї?!
Бургутой. Ба Љаѓагул гўй, ки ина ба гап гирифтан гирад, ягон чиз насиба мегирад.
Сангалї. Хуб, ман мерасонам. (Омада гўшакї мекунад.)
Мошинро тела дода мебаранд.
Доно. Пас, моро чї зарур аст? Ана, дили шумо чї мехоњад?
Љаѓагул (нигоњи ўро аз мошин дур карда бо њавас). Дили ман.. бањор мехоњад!
Доно. Вале њоло фасли тирамоњ аст, пас чї бояд кард?
Љаѓагул. Коре кунї, ки бањор шавад!
Доно. Албатта, нафс вобастаи љисм аст ва ба шарофати нафс љисм вуљуд дорад, вале бидон, ки њавасњои фосид љисмро њам фосид карда ба њалокат мерасонад. Пас, аз фоидаи тирамоњ истифода мебояд кард, то бањор нек ояд...
Шавќун дар паси парда. Боз љанљолкунон мошинро ќафонокї тела дода ба љояш меоранд. Мардњо аз як тараф тела мекунанду Бургутой аз тарафи дигар. Гоњо мардњо ягон ќадам пеш мераванд, вале ду ќадам ќафо мегарданд.
Бургутой. Истед! Ман розї нестам!
Гургалї. Таќсимот одилона аст: яктогї чарх, яктогї дар, яктогї курсї...
Бургутой. Вале ин курсї худаш якта! Онро ман буридан намехоњам!
Гургалї. Вай курсии ќафо, дар он се кас мешинанд, майлаш, шумо ду пора карда бо њам таќсим кунед!
Бургутой. Агар хоњї, худат гирифта пора карда бо ягон кас таќсим бикун! Ман катта-катта хўрда омўхта шудагї, медодагї бошї, аз пеш курсии бутуни хушрўяша те! (Мошинро ба ќафо тела медињад.)
Гургалї. Не, ман розї не! Ман мењнат карда ин фикрро гуфтам!
Бургутой. Ман мењнат карда ин фикри туро ба Доно мерасонам, љазоятро медињад! Ё курсии пешро медињї, ё коратонро ошкор мекунам!
Гургалї. Гап-гапи ман мешавад! (Тела дода пеш меравад.)
Бургутой. Њамаатон дар њамин фикр њастед? (тела дода ќафо мебарад.)
Дона. Шуд, шуд, бало занад, ё бора пеши хар, ё хара пеши бор гуфтаанд. Агар розї нашавем, аз њама кор мемонем! Розї шудан  даркор!
Доно (давоми гапаш)... Касоне, ки чигунагии нафсро дониста дар зоти худ ќоим мекунанд, онро манфиатнок истифода мебаранд. Дар натиља, нафс на танњо љисмро хароб намекунад, балки то андозае зидди њавою њавас баромада чун ќувваи тавоное љисмро ба маќсадњои олї мерасонанд!
Сангалї. Аз дањ курсии нима як хараки бутун бар ман авлотар аст!
Бургутой. Набошад, њамаатон аз мошин дур шавед! Ин мошин пурра аз они ман мешавад! Мебинем!
Дона. Аз худ нарав! Ба кўрпаат нигоњ карда пой дароз бикун.
Гургалї. Аќлро кор фармо, нафси нотиќаат куљо шуд?
Бургутой. Аќли нотиќаам шањодат медињад, ки бе ёрии шумо њам ин мошин пурра аз они ман мешавад! Чї гуфтед, устод?
Доно. Лаббай? (Ба атрофи мошин менигарад, њама аз мошин дур мешаванд.)
Бургутой. Ман мехоњам, ки ин мошинро пурра соњибї кунам.
Доно. Хўш, шумо чї фањмидед? Пас, ба инсон чї зарур аст?
Њама. Мошин! Мо-шин! Мо-шин!
Доно. Уфф... Роњи дигар љуста ба каллаи инњо ноаён аќлро пайванд кардан даркор. Дўстон, мошину компутерро мо ба касе медињем, ки барои маърифати амалї мекўшад: худаш илм омўзад ва илму њунарро тарѓиб кунад, китобхонї кунад, китобнависї кунад.
Гургалї. Охир майнаи ман маъиб.
Доно. Ба касе ки маиб бошаду бо маърифат машѓул шавад, боз хурмои иловагї медињем.
Бургутой. Ин кори мо нест.
Дона. Охир мо Амма дорем-ку? Ассотсиатсияи Миллии Маърифати Амалї! Мо барои маърифат талош мекунем-ку!
Доно. Хеле хуб. Ман пагоњ омада тафтиш мекунам. (Меравад.)
Дона. То пагоњ њама тайёрї бинед! Коѓазњоро љамъ кунед! Коре кунед, ки аз санљиш гузарему мошину компутар аз даст наравад!
Идораи «АММА»- Ассотсиатсияи Миллии Маърифати Амалї . Дона дар тан либосњои фохир, галстуки бантик дар гардан пеш меояд. Истиќболи мењмонњоро машќ мекунанд.
Дона. Љанобон ва љанобањо! Љентлмен ва љентлменањо! Ифтихори амалї дорам, ки ин соат шуморо бо њайати АММА шинос мекунам. Бандаи ганда дар хотири амалии шумо амали ногустурданї дорад! - Мо- дили АММа - яъне садри АММа - доктори амалии њама гуна илмњои амалї, профессори амалии соња - Дона Донаевич Доназода! Њатто дар бораи ман як суруд њам њаст: ким-чї мегўяду баъд дар охираш такрор ба такрор мегўяд:... дона-дона-ае, Гулдона-дона! Дона-дона-аае, Гулдона-дона! Ва инак, хушбахтам, ки ба шумо яке аз донотарин аз нодонњои амалї, фозилтарин аз љоњилони амалї, љигари АММа- яъне њам муовин ва њам ним ставка зављаи амалии банда - Бургутойи Бурутиро амалан ошно месозам! Марњамат... Даро, Бургутой!
Дар назди дар андак маѓал, Сара медарояд.
Сара. Э тоба-е! Як даќиќа намемонанд-е!
Дона. Ббубахшед, њаяљон пахш кардааст њамаи моро. Ва инак, донотарин аз нодонњои амалї, олињаи дили АММА...
Сара. Ассалому алайкум, таѓољон...
Дона. Э дар падарат лаънат! Э дар... Кї ту! Аз кадом оѓил омадї?!
Сара. Мебахшед. Холем гуфтанд, ки...
Дона, Э, холета... Ту дар ин ља чї кор мекунї?! Ту кистї?!
Сара. Ман Сараи наѓзбинатон охир, нашинохтед? Тавба...
Дона. Не, гўй, ки ту кистї? Кўр, ё шал?
Сара. Ња. Кўр.
Дона. Кўр, ки бошї, «соп-соп» карда љоятро ёв. Машќи чандрўза чї шуд?
Сара. Мебахшед...
Дона. Чаро худата мисли маймун кардї?
Сара. Яке маъќул шавам, мумкин ба Америка, ё Амрико равон кунанд.
Дона. Худо нишон надињад. Туро дар Америка ба сарашон мезананд?
Сара. Ман аз љавонї орзу доштам, ки ба хориља сафар кунам. Майлаш, маошаш калон набошад њам мешавад. Ба Америка нашавад, аќаллан Япония њам бошад, мешавад. Ман розї.
Дона. Љои ту - Њабашистон! Туро ба ягон зангї додан даркор, ки калтаккўб карда њушатро ба љояш оварда монад!
Сара. Ба Њабашистон њам бошад, мешавад.
Дона. Тоза њам гўл менамояд-ку? Холаат канї? Чаро ба љои вай даромада навбата вайрон кардї?
Сара. Гуфтанд, ки ба идораи калон медароянд, ким-кадом масъалаи муњими давлатиро њал карда баъд меоянд. Гуфтанд, ки ман барваќттар оям, ки њама вазифањо таќсим нашаванд.
Дона. Ња, холаат ба ЗАГС даромад, ки никоњи шўи аввалаашро бекор карда ба никоњи ман дарояд. Ту бењтараш аз пайи ороиши дастурхон шав. Бигузор мењмон донад, ки кўрњои мо дар ороиши дастурхону пухтани хўрок њамто надоранд!
Сара. Майлаш.
Дона (ба љилддони дасташ назаре карда.)_ Ва њоло ба шумо яке аз донотарин аз нодонњои љавон, намунаи амалии љавонони муосир, ќариб олими намоён, ќариб шахси машњуртарини амалї Сангалиљонро шинос мекунем! Марњамат, бинеду лутф кунеду... Даро!.. Даро, хар!!!
Шикояткунон Сангалї медарояд.
Сангалї. Охир, намедарояд, таѓої. Чи кор кунам?
Дона, Э бар падарат лаънат! Чї намедарояд?!
Сангалї. Туфлї охир... Ба поям намедарояд, таѓої.
Дона. Хар! Даромадагї кун?!
Сангалї. Охир чиликама зер мекунад. Дуќат кардаам.
Дона. Ина махсус њамин хел кардагї- ду размер тангаша гирифтем, ки поятро фишораду дањани возат љинљак шуда истаду хориљињои бечора гумон кунанд, ки мо фаќат дар бораи ѓами љањон фикр мекунем! Фањмидї.
Сангалї. Фањмидам!
Дона. Хайр, чї гуфтан даркор?! Аќаллан салом гўй.. Салом хар!
Сангалї (худро гум карда.) Ассалом, хар!
Дона. Кї хар?! Ту хар, аблањ!
Сангалї. Ту хар, аблањ!
Дона. Дамата гир, хар!
Сангалї. Дамата гир, хар!
Дона (дањони Сангалиро пўшида). Кифоя! Ње дар... Каллаи ту канї?!
Сангалї. Ана.
Дона. Лекин ту бо чї фикр мекунї?! Э, њамин ќадар тайёрї дида, одоб омўхта, ба њамин зинаи фаросат расидї? Ту бо калла не, бо пои чапат фикр мекунї?! Бо шумо барин ходимон одам девона мешавад.
Сангалї. Фикри бисёр чї даркор, таѓої? Охир мо озодем-ку?
Дона. Ња-я, туякам Озод! Эъ, љурабакат канї, аблањи озод?
Сангалї. Дар кисаам... Чї буд?
Дона. Уф... Охир бо ин ањвол ба ту комиссия чї бањо медињад?! Галстук дар гарданашу пояш луччак... И-е, галстукат канї?
Сангалї. Дар ин кисаам...
Дона. Уф... Медонї, ту њам аз назари хориљињо гум шуда чой-пой монда гард. Вазифаи асосии ту аз њамин соат- омўтан, китоб хондан, зиёд кардани љањонбинї, дониш, љањонфањмї, хирад! Њатто дар найрангбозию морбозї њам фаросату хирад даркор.
Сангалї. Хуб, таѓої, ќимат бошад њам, мехарам њамон хиради сабилмондаро! Чї маслињат медињед, кадом рангаша харам?
Бургутой омада назди оина меистад.
Дона. Маслињат њамин - аз назарам дафъ шав,! (Сангалї меравад.) Ин парї кї бошад, ки ин ќадар худро пеши оина оро медињад? (Оѓўш мекунед.)
Бургутой. Ваќти дигар наёфтї? Базўр пеши барама рост карда будам...
Дона. Эъ, туї? Мебахшї, хаёлам, каси дигар бошї...
Бургутой. Каси дигара манба ту нишон медињам! Кай меояд вай?
Дона. Э, ту ба ќабули комиссия омадї, ё ба ќабули маъшуќ?
Бургутой. Ман ба њардуяш як хел тайёрї мебинам. Ба ман ёд нате! Ту, ки ќишлоќї будї, ќишлоќї мондї! Мо озодем!
Гургалї меояд.
Гургалї. Ана, ака 367 гувоњнома овардам! Бин. Кифоя бошад?
Дона. Шояд. Ба њар њол сї-чилтьаи дигар ёфта мон, зарар намекунад.
Гургалї. Уф. Боз ягон сад доллар мераваду, чї илољ?
Дона. Баъдан, ту ба њар як тори мўят яктогї асо шинону барои маъиб буданашон гувоњнома гир, ё як боракак шона зада рост кун!
Гургалї. Ана ин фикри олї! Бењтараш гувоњнома мегирам, ки њар тори мўйсарам лат хўрдагї! (Мебарояд.)
Сара меояд.
Сара. Дастурхон чи хел, устод?
Дона. Расо комиссиябоб шудаї! Кошки худам комиссия мебудам...
Бургутой. Ин таъомњо барои комиссия! Боз хўрда тамом накунед?
Дона. Мо одамњои озод, хоњиш пайдо шавад хўрдан мегирем!
Бургутой. Дар дањани кўњна гапњои нав? Одами ќишлоќї њељ озодагиро ёд намегирифтааст -да!
Дона. Гузарондї, занак. Мо охир озодем.
Бургутой. Мана, озодї! Ба фикрам, озмуни нав мегузаронам. Комиссия биёяд...
Сангалї. Омад! Омад! Бало омад!
Дона. Кадом бало?
Сангалї. Комиссия омад!
Мусиќии мутантан. Занњо бо раќсу доира пешвоз мегиранд, вале њама ба таври аљиб меларзанд, якеро сару якеро дасту якеро пой.
Дона. Хуш омадед. Аз боло гузаред.
Доно. Офарин. Офарин. Аз ин зиёдаш зиёд. Бовар кардам, ки њардуятон маъюбтарин маъюбон. Хўш, ки бошад, шинос мешавем. Ман Љон. Фамилияам Хирадзода. Хоњишмандам њайати АММА-ро ба ман шинос кунед.
Дона. Хайр, банда ба шумо шинос: Ќариб олими маъруф, ќариб номзади илм, ќариб шал, ќариб кўр Дона Донаевич Донаев, дили АММа. Ин кас - љону љигари АММа- Бургутой и Бурутї. Донотарин аз нодонњо, фозилтарин аз љоњилони АММа. Худатон бинеду бањо дињед, ман аллакай бањома додагї.
Доно. Шумо чї дард доред?
Бургутой. Њама дард дар тани ман њаст. Ана справкањояш: аслан он дарде ки дар тани ман нест, вай худаш ё дард нест ё дар ин олам нест.
Доно. Не, не, ман бовар мекунам. Маро ќитиќ накунед... Воњ! Њатто шумо ба ин дард њам гирифтор шудаед? Наѓз. Ба мо ана њамин хел маъюбњо даркор. Дигараш.
Дона. Сараи Бе-сара. Аз номаш маълум ки на сар дораду на калла...
Доно (коѓазњоро аз назар гузаронда, бо њайрат ба Сара нигариста аз мўяш кашида биниашро ќитиќ карда мемонад). Тавба, шумои бечораро љарроњї карда њатто саратонро иваз кардаанд?
Сара. На танњо сарама њатто ваяма вай кардагї! Барои њамааш справка дорам. Ана. (Банди дилашро мекушояд).
Доно. Бовар кардам, бовар кардам. Кифоя. Дигараш.
Гургалї. Мана 371 справка дар бораи дардњои ман.
Доно. Тавба. Бо ин дардњо шумо панљоњ сол пеш бояд ба он тараф мерафтед.
Гургалї. Рафта будам ба он тараф ба хориља, боз гашта омадам. Мењри ватан зўрї кард.
Доно. Хуб, хуб. Эњтиёт кунед, ба шумо њатто нафас кашидан мумкин не.
Сангалї. Ака, худама бин! Њамагї 87 справка љамъ кардам. Дигар пул наёфтам, ки харам.
Дона. Њаминаш њам кофист ки бовар кунам... Хўш, ки бошад, наѓз. Ба мо шумо барин маъюбњо лозим. Акнун гўед, ки шумо дар ин ташкилоти аљоиб кор карда ин вазифаи муњимтаринро иљро карда метавонед?
Њама. Метавонем! Мо ба њар кор ќодирем!
Доно. Ман як санљиш мегузаронам. Бо усули психотерапия. Тайёр њастед?
Њама. Мо њамеша тайёр!
Доно. Шумо бояд мањорати касбиатонро нишон дињед. Тайёред?
Њама. Доимо тайёр!
Доно. Худро озод њис кунед. Дар назди ин мошин бояд асли нияти худро зикр кунед. Зеро ин мошин дурўѓ гуфтан намемонад.
Дона. Ман хушрўву зебо фиреб дода метавонам!
Сангалї. Мешиканам, ба як зарба лахту пора мекунам!
Сара. Дили њар як марди ман-ман мегуфтагиро дар «шест секунд» меёбам!
Бургутой.Дидем мардњои дил ёфтагита: соф калу кўр, соф бекафан! Аз ман ёд гир! Дар се секунд дили чанд калона меёбам!
Гургалї. Ман мехоњам, ки мардума ањмаќ карда пулоша кашида гирам!
Доно. Кифоя. Њоло дар бораи асли кори интихобкардаатон дар АММА гап занед. Бинед, дар назди шумо компютерњо, китобњо, филмњо.
Дона. Гум кун кампутер, пампутерата. Сара, якта ошча. Имшаб навбати ту.
Сара. Маќсади асосии ман људо кардани... доллар аз пули тољикї.
Бургутой. Доллар бошад, шуд. Дигар  ба амма чї кор дорам?
Гургалї. Агар долларњои сари роњ басї мекард, инља намеомадам! Доллара те, доллара!
Сангалї. Э, ака, доллара барорї, на ба аммат кор дорам, на ба холаат!
Доно. Маќсади асосии шумо.
Сара. Долларљон-е, медонам, ки ту худо нестї, лекин чї ќудрати илоњие дорї, ки њама ба ту саљда мекунанд? Маро њам ба бандагиат гир.
Њама. Доллар! Дол-лар! Дол-лар!
Доно. Уф... Ором шавед. То пагоњ ин хурморо хўрда дам гиред. Акнун ба ман љавоб.
Дона. Ташаккур. Хўш, мо аз санљиш гузаштем?
Доно. Љавобњоятонро ман дар идора аз компютер гузаронида дурустии гувоњномањои шуморо санљида баъд ба як хулоса меоям. Њоло бо шумо хайрухуш мекунем. Дипломати ман куљост? Мекўшам, ки њар кадоми шумо соњиби мошин шавед. Дипломат куљо шуд?
Дона. Шумо дипломат доштед? Вай чї хел буд?
Доно. О, буд-ку? Сиёњ... хурдакак... Он љо Хуљљатњо...
Бургутой. Шумо дипломат-пипломат надоштед.
Њама. Не, надоштед. Ду даст дар бинї омадеду акнун дипломат талаб мекунед. Даъвои њама комиссияњо њамин хел!
Бургутой. Њељ чизата надидам њуррат мана кушт!
Доно. Илтимос, њазл накунед, дипломатро ёфта дињед. Набошад, соњиби мошини компутер намешавед.
Дона. То мошин надињї, њељ љой намеравї.
Доно. Гўш кунед, охир ман барои ба шумо некї кардан омадаам, вале њамаи он чизњо дар даруни њамон дипломат мондааст.
Дона. Оњњо?! Сангалї, як њунарата нишон те.
Доно. Мо њама њунарњои шуморо дидем.
Сангалї. Инаша њоло надидаї! (Дасту пои Доноро дар курсї мебанданд.)
Доно. Истед! Шумо чї кор мекунед?
Дона. Ё мушта мегирї, ё шапалоќа: ё мошина дода пула мегузаронї, ё бо папкаат умрбод хайрухуш мекунї.
Доно. Шумо медоне, чї кори бемаъние мекунед?!
Њама. Мо озодем! Чизе форад, њамонро мекунем!
Бургутой. Росташа гўй, ту худат кистї? Ту барои чї ба мо пул медињї? Гургалї њам гоњ-гоње метияд, лекин якчи-нимчи мегирад.
Гургалї. Ту чї њаќ дорї, ки пул дода бозори маро мешиканї?
Сангалї. Ту шпиён нестї?
Доно. Дар байни одамон худованд ягон-ягон азизи худро мефиристад, ки роњ нишон дињанд, намунаи корњои некро бикунанд, чи хел зистанро гўянд. Гањвораи мо барин ашхос аз осмон омадааст, ё аз Атлантида. Дар бораи сарнавишти авлиёњо, пайѓамбарон, пешбинии олимону шоирон чизе шунидаед? Мо омадем, ки хиради шуморо бедор кунем.
Дона. Фиристодаи осмон, ки бошї, чаро ба мо ёрї додан намехоњї?
Доно. Шумо ё тамоман ќобилияти фањмидани гапро надоред, ё касе шуморо махсус аз роњ зада беобрў карданист.
Дона. Кист вай? (Њама ба ў менигаранд.) Чї ба ман чашм ало мекунед?
Гургалї. Роњнамову роњкушои мо туї.
Дона. Эъ... Э, ањамият надињед, ин моро месанљад.
Бургутой. Исто ки дар њамон папкаат чї буд?
Доно. Њуљљатњои корхонаи шумо буд. Чеки барои ба корхонаи шумо пул гузаронидан буд. Он њуљљатњо њамааш дар компютер ќайд шудааст.
Бургутой. Пули бисёр буд?
Доно. Ња. Ќариб дањ њазор доллар. Дар навбати аввал. Касе папкаи маро ёфта дињад, дањ доллар мукофотпулї медињам.
Бургутой. (Ногањон чун гург уллос мекашад). У-у-у-у-! Ту гирифтї!
Дона. Вазнин шав, занак, шайтона пеш кун, занак...
Бургутой. Долларњои мана ту гирифтї-ї-ї!!! Ман бо њафт шўи пешинаам азоб кашида ин корхонаяка соз карда будам, ту дар ду рўз обрўи набудаи аммаи маро рехтї! Њама пулњои АММА-и мана кашида гирифтї!?
Дона. Шайтона пеш кун, занак!
Бургутой. Бандед ин лаънатия! (Зуд дастони Донаро мебанданд.) Те!!!
Дона. Ќасам ба љонам, ки ман нагирифтаам. Ман туро дўст медорам, Бургутой! Фаромўш накун, ки ман шуи охирини дўстдоштаат...
Бургутой. Не, охиринаш не! Охиринаш Љон  мешавад. Те папкая!
Дона. Кобед маро, ман нагирифтаам. Ман њама ваќт дар пеши назари њамаатон будам, бо мењмон банд будам! Худатон бинед.
Њама кисањои Донаро мекобанд, саќичњои нимхоидаашро ёфта мегиранд.
Бургутой. Дар њаќиќат, нест. Пас, ягон каси дигар гирифтааст...
Сара (ба Гургалї.) Ту чї ба ман ин ќадар чашмак мезанї? Тухмбирён мехурем, тухмбирён мехурем- мегўї! Вале аз кадом њисоб? Ту гирифтї!
Бургутой. Рост. Бандед инро!
Гургалї. Ќасам ба патакои бинии Сара, ки агар медонистам, мегирифтам, лекин намедонистам, ки онљо доллар њаст! (Ўро низ мебанданд.) Ана, бинед, кисањоям холї! (Кисањои ўро њам мекобанд.)
Бургутой. Нест. Пас, кї гирифтааст? (Ба Сара менигарад.)
Сара. Њамин Сангалиям бисёр мањмаддоногї мекунад. Якта зўр монд.
Бургутой. Бандед. Аниќ, ин кори њамин буќќа.
Сангалї. Э-э-э, мешиканам! Наздик нашавед.
Бургутой (як мушт ба сари ў мезанад.) Баред, пўсташ кунед. Фаромўш накун, ки ман абераи ќассоби номї, пањлавон Рустамам! Те папкая!
Сангалї (бењол шуда.) Ман... наги-риф... (Аз њуш меравад.)
Кисањои ўро њам тагурў карда пуфакњояшро ёфта мегиранд.
Бургутой. Нест-ку. Њамин ту- Сара, як сари ќоќ дорї, пушту паноње надорї, ин њама дову даская аз кадом њисоб ёфтї? Албатта, аз њисоби ана њамин долларњои овардаи Љони ман! Ту аз аввал душмани ман будї!
Сара. Ту бо ман баробар нашав, Бургутой! Ту њоло бо телефони ман гапзанон накардаї!
Бургутой. Ку, инља биё! Ќамчин мезанад.)
Сара. Биё! (Чун гладиаторњо љанг мекунанд.)
Дона. Истед-е! Шарманда кардед-е! Шумо хирад доред, ё не?!
Сара. Кайфа напаррон! Мо озодем, хоњем, бўса мекунем, хоњем, љанг мекунем.
Бургутой. Аслан ба њамааш ту гунањгор: Ту сари њамаи моро гаранг кардї!
Дона. Айби ман чї?
Бургутой. Худат гуфтї, хирадро парто гуфтї! Акнун сари њамаро гаранг карда хирад талаб мекунї!
Сара. Нест бод ѓуломї! Мо нав кайфи озодиро фањмидем!
Бургутой. Њоло ман бехирад-а! Ана ба ту! Ќамчин мезанад.)
Сара. Моро боз ѓулом кардан мехоњї?! Ана ба ту! Ќамчин мезанад.)
Дона. Мадад кунед! Маро халос кунед!
Доно. Ў нагирифтааст. Охир ў ягон лањза аз назари њамаи мо дур нашудааст.
Бургутой. Не, ин њам долларњоро нагирифтааст.
Сара. Гап байни худамон, дар кисаи шумо ман дина чанд саддоллара дида будам. Вай аз њамин долларњо буд-а?
Бургутой. Аблањ! Вай дина буд, ин папка имрўз гум шудааст.
Сара. Ман ба њељ кас намегўям. Худамон таќсим мекунем. Ман љиянатон...
Бургутой. Ман аз њафт мањаллаи ту барин љиян безорам, каждуми таги бурё. Ситораи хунук дар фасли тобистон! Вай долларњоро гургї карда аз Гургалї кашида гирифта будам!
Дона. Оњ, хиёнаткор...
Бургутой. Њама гап занад, ту гап назан! Ту љиянча, ду соат пеш якта саддоллараро шамол медоди- ку Вай аз куљо?! Росташа гўй!
Сара. Мева аз шохи дарахт дур намеравад, хола. Мисли шумо сари ана ин Сангалиљона гаранг кардаму соњиби долларњои худам шудам!
Бургутой. Бовар намекунам, ки ба ту, пишаки ошолуд, доллар медода бошанд! Барор папкаро! Сангалиро ман намедонам? Аз вай доллар он тараф, як панљдирамаи худої намебарояд!
Сара. Биёед, хола, баробар таќсим кунем.
Ќамчинњоро гирифта чун гладиаторњои Рими ќадим бо њам меразманд.
Доно. Истед! Кифоя! Ин як санљиш буд! Кушоед дастњоро! (Худаш мекушояд).
Бургутой. Чї хел санљиш?! Барои чї санљиш?!
Доно. Ман хостам ки бори дигар ба шумо фањмонам: бе љомаи хирад, бе њимояи аќли кулл шумо мисли ин мошини беидораву бесўзишворї як тўдаи оњанпораи хушк, як танњои фарсуда, љисми пурфасод мемонед!
Бургутой. Ба ман ана њамин курсиву шишааш кифоя аст!
Доно. На! Нобиѓае ки онро сохтааст, онро дар якљоягї барои корњои зиёд офаридааст! Офаридгоре, ки шуморо халќ кардааст, шуморо дар якљоягї бо њама љисму рўњ, љисму хирад, бо њама нафсњои шањвониву ѓазабиву нотиќа офаридааст! Ва бидонед, ки нафсњои шањвониву ѓазабї љисмро заруранд, аммо бе нафси нотиќа онњо љисми шуморо ба њалокат мебаранд, фасод мекунанд! Пас, нафсњои шањвониву ѓазабї барои хизмат ба нафси нотиќа вуљуд доранд! Агар танњо ба нафси шањвониву ѓазабї дода шавед, љисми шумо аз љисми њайвон мондание нахоњад дошт!
Њозирин назди мошин љамъ мешаванд.
Бургутой. Ба мошини ман даст назанед! Ин дар якљоягї кор меомадааст!
Њама. Њаќи ман чї мешавад? Њаќи ман чї?!
Бургутой. Ман бо шумо њисобї мекунам! Бо дасти бехирадатон нарасед!
Доно. Танњо нафси нотиќа љисми шуморо солим нигоњ медорад, комил мекунад, ба маќсадњои воло мерасонад, аз љисми њайвон боло мекунад! Аз њалокат наљот медињад!
Дона. Ту аќаллан медонї, ки ин мошинро чї хел идора мекунї?
Бургутой. Ана ин хўљаини нави ман мефањмонад. Љонсонљон, барои ба ин мошин соњибї кардан чї даркор аст?
Сара. Ман худам наѓз медонам, ки чи кор кунам!
Як љузъи мошинро канда ба пасу пешаш нигариста њайрон монда пуф мекунад. Овози ба карнай монанде мебарояд.) Аљиб.
Сангалї. Овози зўр доштааст-ку! Ана гап дар куљо!
Њама ба зудї тамоми љузъиёти мошинро канда яке наќора менавозаду дигаре њуштак мекашад. Як оркестри аљибе мешавад.
Доно. Шумо чї кор мекунед!? Истед!
Дона. Вазифаи ин мошин њамин буд?
Доно. Уфф... Њоло њам нафањмидед? Барои идора кардани ин мошин шумо бояд идора кардани худро ёд гиред! Барои идора кардани шумо бошад, мањз хирад зарур аст! Вале шумо љомањои хиради худро бадар кардаед! Зеру забар кардаед! Бо ин њол шуморо њатто мору мўр идора мекунад! Њоло њам ки дер нашудааст, љомаи хирад, љомаи иффат, љомаи инсоф, љомаи адлро бипўшед, ки фардо дер мешавад! Шумо ёд доред, ки замоне соњиби хирад будед?! Куљост он?
Бургутой. Шуд! Ба ёдам омад! Дар њо ана вай бочка фурўхта будам!
Њама баробар ба тарафи бочка медаванд.
Дона. Ба хиради ман нарас!
Гургалї. Хиради ман калонтар буд!
Сара. Хиради маро медузданд! Ёрї дињед!
Њама њамдигарро пешпо додаву аз дасти њам кашида худро пештар ба бочка расонидан мехоњанд. Меафтанду мехезанд. Нињоят ба бочка мерасанд, вале он љо чизеро намеёбанд. Бочка мешиканад.
Њама. Куљої, хирадљон? Биё! Биё, ки мошинро њай кунем!
Доно (аз боло бо кароњат назар мекунад.) Чї мегўед, эй хирад?
Овозњо. На! Мо дигар ба тани касифи пурњаваси мољарољўёнаи  шумо баргаштан намехоњем! Шумо он ќадар моро дур андохтаед, ки дигар баргаштани мо ба тани шумо боиси шарму њаёи бењад, нафрату ѓазаби шумо бар худи шумо мегардад! Мо дигар ошўб мекунем! Мо дигар бар тани шумо барнамегардем! Мазњака тамом! Тамом! Тамом...
Дона. Не!!! Баргардед!
Њама. Баргардед! Мошин аз даст меравад!
Њозирин аз пайи Доно давида сари роњи уд зинапояњо, дару девор, њама декорацияро беихтиёр чаппа мекунанд ва бо њамин тарз аз сањна баромада мераванд. Дар ин байн мошин њам тит мешавад.
Доно аз хоб бедор мешавад.
Доно. Ањ! Оњ! Уфф... Хайрият њамааш хоб будааст...(Чашмонашро молида ба вайронањо менигарад.) И-е, чї хел хоб? Њамааш чаппаву валангонр шудааст-ку?! Ин дар њаќиќат, хоб буд ё бедорист?!
Љўяндагони хирад бошаст давида меоянд. Доноро дида шах шуда мемонанд. Ба зону меистанд. Ин њам нишони сари таъзим фуруд овардан ба хирад аст, њам таъзим ба тамошобинон, њам хотимаи намоишнома њам асли маќсуди орифони покдил.

ПАРДА.


Рецензии