Вахш - оахшо - олихаи обхои равон. хикояи таърихи

Љумъа ЌУДДУС

ВАХШ – ОАХШО - ОЛИЊАИ ОБЊОИ РАВОН
хикояи таърихи

Бохтар номидани шањри Ќўрѓонтеппа ва Кушониён шудани ноњия дар водии Вахш моро бо њаќиќати таърихии ниёгони некноми ориёии мо ќаринтар мегардонад. Њангоми иншои романњои таърихии силсилаи Ориёно - «Бињишти гумшуда», «Сад соли ѓазаб» аз таърихи давлатдории ориёии Кушониён ва Њайтолиён огоњ шудем, ки ниёгони мо водии Вахшро ба бињишти заминї мубаддал кардаанд.
Бостонштиносон муайян намуданд, ки љуйи калони ду њазор ќабл дар ањди Канишка офарида аз пањлуи канали имрўзаи обёрии Вахш гузаша, то дашти Канорагї  (Ќароланг)  гузашта, тамоми водиро бо оби љонбахш таъмин мекард. Водии Вахш ба шароати рўди муќаддаси Оахшо макони мардуми озоду хушбахт, хазинаи беохири меваю сабзавот, гандуму шолї, маркази ниёишњои мардум гашта буд. Намояндагони њама динњо дар ин љо маъбадњо бунёд карда, ба њар забон ниёиш мекарданд.
--------------------------------
Шоњи Бохтар эълом кард, ки њар инсон дар омўзиши дин ба пояе расад, њадяњо дињам ва амал фармоям. Аксари дарбориён дар ѓами дунё, розї буданд, ки њукмрони  кўчаке бошанд, вале ба тарбияи динї ањамияти калон медоданд.
Њанўз сесад сол ќабл бо ташаббуси шоњи машњури Кушониён – Канишкаи њамеша пирўз кеши Буддоро аз Њинд таљдид кард. Он замон нисфи њудуди имрўзаи Њинд то дарёи Норбода ба давлати Бохтар њамроњ буд. Бо сабаби он, ки њангоми таљдиди дубораи кеши зардуштї пас аз истилои Искандари Маќдунї дар Эрон ба дини зардушт хеле таѓйирот ворид карда шуд, дар Бохтар кеши зардуштї андак фарќ мекард. Аз љониби дигар, табиати саркашу ѓурури мардумро шоњони кушонї аз таъсири он мепиндоштанд. Канишка оромї, шикастанафсї ва бунёдкории мардуми Њиндро аз таъсири њамин дин њисобида, ба хотири тавсеа бахшидан ба дўстиву њамкории сокинони Њинду Бохтар, онро дар Бохтари бузург мунташир сохт. Аз садаи аввали мелодї то асрњои 8 дар Бохтар баробари дини ориёии зардуштї, инчунин, дини Буддоия ва Вишну ва Шива - парастии њиндї дар саросари кишвар ављи тоза меёфт. Дар нишонњои далат низ онњо баробар љой гирифтанд. Ин кешњо омўзиши амиќ талаб мекарданд ва њар касе дар ин љода ба пояи баланде мерасид ва дар асоси таълимоти онњо барои ба њам созиш додану ором кардани табиати саркаши сокинони кишвар муваффаќ мегашт, аз луту мењрубонии  шоњаншоњ бархурдор мегашт. Бинобар ин, ањли дарбор чун намуна, аввалин шуда, онњоро пазируфтанд ва барои омўзиши дин ба Њиндустони дурдаст мерафтанд. 
Ба писари вазург – фармондор, ба истилоњи имрўза вазир, бо умед Дњарма – њаќиќат, ќонун, роњ, хиради Буддо ном гузошта буданд. Аз муњаббати волидону мењри дайањо – канизон кўдаки дўстрўяк мудом рў-рўи даст мегашту пояш заминро намедид. Дар кўдакї ва мактабхонї ба овозаш хуби марѓулдор буд. Пироњита – роњбари динии хонадон ба вазир гуфт, ки Дњарма воизи хубе хоњад шуд. Вале баъди сездањсолагї - замони тафсири љиддии динњо ба шикамчаронї, шикори меваи боѓњо, тамошои сањро њавас пайдо кард, аз майдони њарб, камину камону каманду шамшер њазар мекард, худро ба омўзиш «бахшид». Њар гоњ, ки пир аз парњезї сухан мегуфт, Дњарма гуруснагиро њис карда, хаёлан пеши худ ронњои бирёни гўсфандонро медид. Бинобар ин аз асли њикмат бехабар монд. Дар њаждањсолагї дар илми хўрдан он ќадар устод шуд, ки шикам чун тарбузи сарморасида дамидаву овезон, ќомат хамида,  аз шаробхорї дамаш ба дарун мезад.
Нишони камоли илм – ба Бедории буддої расидан буд. Вале чанд омўзгор, ки худи Дњарма музд медод, барои сафед кардани рўи кайњо сиёњгаштаи худ ривоят ёфтанд: «Ин аз зўрии аќл аст, бинобар ин, ўро барои омўзиш ба Њинд бифирист. Дњарма шунид, ки бо сењри ягон гуру - омўзгори доно бе омўзиши зиёд ба Бедории буддої рапсидан мумкин аст
Вазир барои писар вазифае хост, вале шоњ гуфт:
- Бигузор њоло омўзад. Дар канори рўди мукаддаси Вахш маъбадњои бузург месозем. Чун ба пояи баланди илм расад, якеро ба ў дињам.
Вазир бо лаби инљ итоат намуд, аммо ба дил гуфт: «Барои як вазифача ин сафари дури хатарнок чї зарурат дорад? Амал доданї бошї, бе њамин додан гир". Вазир ноилољ Дњармаро ба корвони калоне њамроњ карда, ба маркази буддоии Њиндустон фиристод. Дњарма тамоми роњ њазл мекард. Сипањсолори корвон ўро масхарабозе пиндошт. Гуфтанд, ки олим аст, барои сабаќ додани дин ба Њинд равон аст. Шуки сарпосбон гирифт. Бовараш наомад. Гуфт: «Ана вай олим, номаш њам мувофиќ -Митра- худои бузург»…
Љавони фурутани доно Митра низ дар он корвон буд, њамеша аз пайи мушоњидаи атроф ва ќироати китоб буд. Дар нањор буридаи ноне бо љуръае об мехўрд, Касе бемор мешуд, ба ў мурољат менамуд. Ба њама табассум мекард, аммо таги дили худаш зиќ буд, дар намозаш, њамеша аз худои бузург барои худ ва њамроњонаш осоиш талаб мекард.
Шоњони кушонї ва њайтолї  њамеша дар љустуљўи худо буданд, эзадони ориёї - Ањура Маздо, Митра, Охшо, Аноњита ва адёни њиндии Буддоия, Шива ва Вишну-парастї барои мардум умумї гардиданд, аммо динњои яњудї ва масењї ќабул нашуд, боварњои юнонї баробари парокандашавии давлати юнониасоси бохтарї аз байн рафт, танњо Гелиос - Хуршед ва чанде дигар боќї монданд. Барои вањдату дўстии бохтариёну њиндувон, шоњаншоњи кушониён дини Буддоияро интишор намуд. Аљиб, ки вай дар Њиндустон мавќеи худро аз даст дода буд, аммо пас аз маќоми давлатї гирифтан дар Бохтар тавассути роњи абрешгим дар кишварњои сарироњии туркњо ва худи Чин густариш ёфт ва аз Син ба тамоми Осиёи љанубию шарќї роњ ёфт.
***
Дњарма дар Њинд дар љустуљўи худо буду гуру – омўзгор дар фикри чї тавр ба бедории ботинї расондани шогирди нозпарвард. Аз рўзи аввал фањмид, ки аз ў олими дин намебарояд, ба Бедории ботинии буддої намерасад, вале писари бузург фармондор – вазир будани Дњарма њаллу фасли худро талаб мекард. Рўзе аз танбалию фаромўшхотирии ў ба љон расида эълом кард, ки тамоми илми буддоиро омўхта тамом кардї. Дњарма ифтихор кард, ки њама чизњои заруриро омўхт.  Вале як кари модарзод ба бедорї расиду Дњарма не.
Рўзе Дњарма ба нияти хайр кардан аз бозор матои зарди катхина харид, ки дар борон рангаш тамоман шуста мегашт, онро танњо ваќти сўзонидан ба тани майит мепўшонданд.  Худро сафед карда гуфт:
- Дар бозор се нафарро дидам, ки номи худоро зикр мекарданд. Яке мегуфт: "Кешаб!". Дувумї мегуфт: "Гопал!" Ва сеюмї ниёиш кард: "Њаре! Њаре!"
Роњибон оњ кашиданд ва гуфтанд:
- Содда, якумаш гуфт: "Ке Сањиб", яъне туро пурсид, ки ин кист? Дуюмї посух дод: "Гопал", яъне бачаи дењотї аст. Сеюмаш даъват кард: "Харї! Харї" яъне, хар мегардонем, яъне ѓорат мекунем!"…
Бо супориши гуру як роњиб ваќти ќироат ба ќафои Дњарма як лагад зад. Аз чашмони ў ашк баромад. Вале роњибон бо шўру ѓавѓо табрик карда эълом доштанд, ки Дњарма ба Бедории мутлаќи ботин расид. Ва ў бо ифтихор ба зодгоњ баргашт.
Вазир ба шоњ хабар дод, ки писараш Дњарма дар Њинд ба бедории мутлаќ расида њоло омадааст, барояш мансабе дињад. Шоњи шоњон ўро ба Вахш фиристод, ки маъбади нави буддоиро обод кунад. Пас аз ин ба мансабе сазовор мешавад. Барои   падару писар албатта, ин кам намуд. Вале Дњарма аз он андешид, ки дар маъбади навсохт чї кор мекунад. Зеро ки самимї наомўхт ва аллакай хама омўхтањояшро  фаромўш карда буд. Шунид, ки шом як гуруњи театрї аз Њинд намоишномае пешкаш менамояд. Бо дайаи дўстдоштааш рафт, ки аќаллан чизеро ба ёд оварад.
Он рўз њунарманди калонсоли даста Ашока аз гармои шањри Каписо бемор шуд. Суханњои наќши ў зиёд, дигарон мувофиќ набуданд. Ба сарвари даста фармуд, ки ба Митра ном љавони дар Њинд тањсилкарда мурољиат намоянд. Ў хамроњи онон дар як корвони хурд меомад, як рўз пеш намоишномаро дида, писандид ва њамроњаш суњбати гарме дошт. Оид ба карма ва сансара фањмиши хуб дорад.
Бале, ў њамон Митра буд, ки буддоияро комилан омўхта, ба мењан бармегашт.
Намоиш оѓоз гашт. Асоси суханњои Митра дар ин наќш шарњи дин буд ва онро бо овози хуш ба тамошобин расонд. Мусиќии дилошўби мириданг ва табл ба ин мувофиќат кард. Гўё њамаро сењр кард. Баъзењо ранги рўяшон парида, ба мурда монанд шудаанд, бархе аз гуноњњои худ ёдовар шуда ба њарос афтоданд. Мављи кафкўбї ба осмон печид.
Дњарма нафањмид, ки Митра њунарманди оддї нест, ў  пешнињоди аљиб кард:
-Ман роњибам, ту њунарманд. Ман воизам, ту сухангўй. Барои ба дин гаравидани мардум њарду ќувваро истифода мебарем. Ман бо њуљљати зарурї туро ба Ва мефиристам. Ту он љо аз номи ман таблиѓот мебарї.
Одамизод њамеша ба мўъљизае умед дорад, ормонаш дигаргунии бењтаре дар њаёт аст. Митра, ки ба мансабе њавас надошт, пас аз расидан ба дараљаи баланди динї дар Њинд унвони Дњармаро ба номаш илова карда, Дњарма-Митра ном гирифта буд, розї шуда љониби маъбади навбунёди Вахш роњ пеш гирифт.
Дњарма бошад, наќша кашид, ки пас аз он, ки Митра корњои таблиѓотї ва сохтмони маъбадро анљом медињад, худаш рафта, "сирри" њунарманди оддї будани Митраро ошкор мекунад ва мардум ба сухани ў гўш медињад.
Дар Вахш сохтмони маъбад дар ављ буд. Ваќте роњиби нав Дњарма-Митра омад, ўро хуш истиќбол намуданд. Вазирзода Дњарма низ ба водии Вахш омад, вале дар як гўшаи сердарахту серсояи шањр макон гирифта ду сол маишат кард. Аз асп људої надошт. Сайри кўњистон, гиёњу мевањои он ба дараљае писандаш омад, ки оњиста-оњиста дами шикамаш паст шуд, дар чашмањои шифобахш танаш мустањкам шуд, чолоку бардам гашт.
Дар маъбади нави Вахш ва гирду атрофи он бошад, атрофи монандї ё фарќи динњои зардуштия, буддоия ва масењия бањсњои зиёде ба вуљуд меомаданд. Ва Дњарма-Митра онњоро ба њам созиш медод. Мардум дар њайрат монд, ки воќеан, дар масъалањои ахлоќї ва накўкорї њама кешњо як маъниро таъкид ва ташвиќ мекунанд. Бањсњо бо созиш анљом меёфтанд, пайравони њама кешњо ба Дњармамитра муњаббати хос пайдо карданд. Њама ўро њомии кеши худ медонист.
***
Рўзе шоњи шоњон њоли маъбади нави буддоияро дар Вахш пурсид. Аз мубаллиѓи љавони кеши буддоия Дњармамитра сухан карда, хабар доданд, ки бунёди маъбадро ба ављ расонида, байни пайравони њама кешњо созиш ва оромист. Аз Бохтару Суѓд ва Њинду Чин ба зиёрати маъбади Буддои Вахш омада, аз маъвизањои Дњармамитра бањра мегиранд ва имонаш комил мегардад. Шоњаншоњ ба ањли дарбор гуфт, ки њама бе овоза ба зиёрати роњиби донишманди Вахш Дњармамитра мераванд.
Вазир шод гашт, ки он роњиби писари ўст ва њамоно барои аз ин огоњ кардан ба назди Дњарма кас фиристод. Вазирзода, ки он рўз дар боѓе айши тамом дошт, худро хушбахттарин љавони љањон шуморида, фавран ба маъбад рафт.
Дар маъбад ихлосмандони зиёд омада буданд. Он рўз ќазияе њалли худро талаб мекард: писари парастандаи Буддо ва духтари парастандаи зардуштия ањди издивољ кардаанд. Ва инак, њарду авлод зиддият нишон медоданд.
Дњармамитра ду авлодро ба њам созиш дод. Хоса, панди Зардушт - "Њумата, њухта, хваршта" - Нек пиндор, нек гуфтор, нек кирдор» њамаро ба ифоќа овард.
Дњарма бархест, сари минбар омад ва бо ѓурур эълом намуд: «Ай мардуми содда! Шумо як масхарабозро гуру - омўзгори динии худ донистед. Донед, ки роњиби вазирзодаи донои тањсилдида манам. Ман! Ин масхарабоз бо хоњиши худи ман ба сифати Роњиб даромад ва ба шумо ваъз гуфт.
Дњармамитра хомўш монд.
-Ту чї мехоњї?- пурсид як роњиби дайр.
-Ту аз мо чї мехоњї? - ба ѓазаб омаданд зардуштиён.
-Ин одамро аз сари минбар дур кунед ва аз ин пас ба сухани ман гўш дињед. Ман ба шумо асли дину оинро бигўям. Зардуштиёнро дар ин дайр љой нест…
Мардум ба шўр омад, ўро девона пиндошта, аз минбар ба девонахона бурданд.
Рўзи дигар хайли шоњ расида омад. Ќуббањои рангини маъбади нав дар канори рўди сероб љило медод. Вазир бо ифтихор аз писари худ, пурсид:
-Куљост он донишманди тавоно, ки тамоми шањрро дар як муддати кўтоњ ба дин кашидааст? Куљост роњиби бузургвори хирадманди шумо?
Митраро нишон доданд. Ў бо фурутании одатї хомўш истод. Вазир лол монд. Аммо шоњи шоњон аз дидани роњиби љавон шод гашт.
Митра ниёиш оѓоз кард ва њамаро ба маъбад даъват намуд. Њама чиз нав, муњташам ва таъсирбахш буд. Дњарма-Митра барои бунёди маъбад аз таљрибаи силсила-маъбади машњури Аљанта, дар књуи сангии вилояти Махараштра, ќисмати марказии Њинд, истифода карда буд. Устоњои њиндуву бохтарї баробар зањмат кашиданд. Дњарма - Митра ба вай «Аљантаи нав» ном нињод.
Дар њавлї њовани бузургу муњташаме бо шаш зинаи камолот – парамит ба дил неру мебахшид. Аз боло њафт соябон аз гарду боронњо панох медоданд ва њисси бехудудии осмонро таъкид мекарданд.
Аз гузаргоњи танг танњо гузашта, ба њуљраи дарозрўяе ворид шуданд. Шамъи дасти онњо фаќат як ќисми муљассамаро равшан мекард. Ин љо муљассама 12 метраи Буддои хобида љой дошт. Мусиќии пасти мириданг ва роѓи њиндї пайваста садо медод. Буи сўхтаи уд дар фазо пањн гашта, машомро хуш менамуд. Дар шуълаи аз нафаскашии одамон ларзандаи шамъњо муљассама таъсири фавќулодда мебахшид. Дар деворњои маъбад муљассамањои хурду калони Буддо ва бодњисатвњо зинањои гуногуни њаёти Буддо ва таълимоти ўро тасвир мекарданд.
Дар хонаи дигар муљассамаи Буддои нишаста, бо баландиаш чањор метр басо муњташам буд. Айвони васеи он њам бо шамъњои дасти мардум равшан мегашт.
Маъбад ба шоњаншоњ низ таассуроти амиќ бахшид. Ў аз таъриху меъморї ва санъатњои огоњ буд. Медонист, ки њунармандони Бохтар зимни њамкорї бо юнонињо мактаби хоси меъмориву тасвирро ба вуљуд оварданд ва њоло бо омўзиши Њинд мактаби муљассамасозии наве сохтаанд. Њоло аз худи Њинд ва њамсояи шарќии Чин хоњиш карданд, ки барои сохтани маъбадњо устоњои забардашт ва гуру - омўзгорон фиристанд. Маъбади муњташам ва нотакрори «Аљантаи нав» шоњаншоњро дилпур намуд, ки устоди ин кор пайдо гашт.
Дарвоќеъ, муњаќќиќон бар онанд, ки минбаъд дар Чин, Бирма, Куриё, Љопон ва дигар кишварњои Осиёи Љануби Шарќї ин услуби маъбадсозї сурат гирифт. 
Нињоят, Вазир ба худ омада, арз кард:
-Шоњам, ин љодугарписари маро кушта ба љои ў Роњиб шудааст! Даст гиред ўро!
Дњарма – Митра рухсат пурсида, даричаи хурди яке аз њуљрањоро кушод. Шаб ў вазирзодаро аз девонахона халос карда оварда буд. Аз шармандагї Дњарма дигар чизе намехост. Барои бештар шарманда нашудан ў њамаро ба худо њавола кард.
-Ин љавон гуноње надорад, - гуфт Дњарма. - Ман њоло шогирди ўям. Ў гуруи хуб, дар Њинд тањсил карда аст. Ин мољаро ба ман сабаќ шуд. Бедории Буддої нав, дар њамин љо ба ман даст дод…
Шоњ бо Митра сўњбати тўлонї кард. Он рўз Вахшњангом - љашни обњои равон таљлил мегашт. Шоњ пурсид, ки чаро ин рўдро Окс, Охшо, Вахш, Оќсу меноманд.
- Номи аслии  рўд Оахшо, Охшо, ба маънии олињаи обњои равон, рўњи инсон аст, шарњ дод роњиб. - Вахш дар гўиши мардуми мањаллї, "Окс" дар талаффузи юнонињо як чиз аст. Хаюнњои навомада онро Оќсу гуфанд. Дар Њинд дар поясанги маъбади Калкутта чунин сухан сабт шудааст: "Вахш – худои обњои равон аст".
Ихлосмандони гуногунзабон дар соњил оини саљдаи обро иљро менамуданд, вале рамзњо гуногун буданд: бо гулдастањо, оби хаома, тасвири Аноњито, муљассамаи Буддо ва ѓайра. Ањурапарастњо ба пайкари эзадбону Анањита пешкашњо оварданд, Буддопарастњо дар баргњои пањн гулњо ва шамъњои фурўзон гузошта ба об сар додаанд. Шомгоњ њазорон шамъ рўи дарёро равшан кард.
Шоњ офарин хонда, сари ваъдааш омад ва гуфт, ки њар вазифае хоњад, бидињад. Аммо роњиб хоњиш кард, ки ўро ба Чин фиристад. Шоњ донист, ки дар чунин зинаи баланди Бедории динї ў ба ягон вазифаи давлатї эњтиёљ надорад.
Дњарма - Митра дар Чин мактаби калони буддоиро сарварї кард, чанд тазкираи ў ба маљмуи ќонунњои динии буддоия ворид гардида, абадї боќї монданд Имрўз дар кишварњои Осиёи Љанубї-Шарќї пайравони кеши буддоия навиштањои тољикписари доноро меомўзанд ва ўро бо камоли эњтиром ёд мекунанд…
Пас аз истилои араб маъбади Аљанта валангор гашт ва мардум харобањои онро бо номи Аљинатеппа дар ёд нигоњ доштанд. Соли 1959 олимон боќимондањои онро аз зери хок бароварданд…
 


Рецензии