Ишки бачаи кишлоки мазхака
(ИШЌИ ДУХТАРИ ШАЊРЇ)
Мазњакаи муболиѓаноки мусиќї
Иштироккунандагон:
Гуля - 18-сола.
Сарабек - 18-сола.
Сарвиноз - 45-сола.
Самандар - 20-сола.
Ѓўлхон- 45-сола.
Дар лањзањои ѓалаёни эњсос сурудњои машњури замонавиро
истифода бурдан имконпазир аст.
KKKK
300
Љумъа Ќуддус KKKK
ПЕШПАРДА.
Як гўшаи њавлии Сарагул. Ў ороиши рўю мўйи Гуляро анљом
медињад
Сарагул. Фаромўш накун: аз ишќ дида пул муњимтар. Ту ба
пули мард ошиќ шав, на ба худи мард. Агар зан ошиќ шавад,
аз пул бенасиб мемонад. Фањмидї? Ваќте духтар ошиќ мешавад,
ќадри вай дар пеши мард гум мешавад. Ту, ки ошиќ шудї, ошуќат
бевафої карду ёри дигар гирифт. Ана барои њамин, зањри ишќро
чашидї. Кошки дўстдоштаи вай баробари ними ними ту хушрў
мебуд. Як љалољинкампир…
Гуля. Њоло мехоњам аз вай ќасос гирам.
Сарагул. Офарин. Ана барои њамин, мисли раќќосањои
пулчинак, онњоро ба худат гарм мекунї, ошиќ месозї, вале худат
ошиќ намешавї, бардурўѓ худро шайдои вай нишон медињию
пул мечинї.
Гуля. Умре дорам, номи ишќро фаромўш мекунам. Вале
рухсат дињед, ман худам интихоб кунам.
Сарагул. Ин дафъа майлат. Фаќат њушёру балоша не, ягон
гаранги ќишлоќии серпулаша ёфта гир.
Гуля. Хуб. Меравам ошиќковї…
Сарагул. Барор ба касбу кор! (Мераванд).
Намоиши 1.
Истгоњ. Самандару Сарабек меоянд.
Самандар. Ана ин шањри Чоршанбе.
Сарабек. Вањ, дунё ин ќадар кушод будааст…
Самандар. Ба њар чиз дањаната инљ накун. Инља шањр,
ќишлоќии нодон будааст, гуфта ба њолат механданд. Ва зуд аз
пайи фанду фиребат мешаванд.
Сарабек. Хуб. Зунукама мегирам.
Самандар. Насињати падарро аз ёд набарор: туро хонданї
фиристодааст, ки одами дипломдор шуда баргардиву вазифањо
насиби ту шавад. Барои њамин, очет ба ту аз нўги риштаву
сўзан пул љамъ мекунад, дадет бо подабонї. Як гову чор бузаша
фурўхт. Барои њамин хондан даркор. Ман њамчун писари таѓо,
мекўшам, ки гушнаву ташна намонї, љойи хобат гарму роњат
бошад. Лекин як балои азим њаст, ки метавонад, њама орзуњои
волидон, саломатї, аќлу њуши туро барбод дињад, номи вай бало
- ишќи духтари шањрї аст!
Сарабек. Эњ, бачаи таѓо, дили худам нимта – як нимаш инља,
дигараш дар пеши Гулсумбї-љони њамсояамон!
KKKK Њидояти ќудсї KKKK
301
Самандар. Бењтараш ўро њам аз ёдат барору хон...
Сарабек. Њаргиз! Њама чї аз ёдам равад њам, ишќи Гулсумбї
абадї мемонад!
Самандар. Уф. Ягон таксии арзонтар ёфтан даркор.
Гуляи ороставу пероста ба назди онњо меояд.
Гуля. Шумо тарафи шањраки панљум меравед?
Самандар. Ња. Чї буд?
Гуля. Таксичї мегўяд, ки то чор кас нагирад, намеравад.
Вале ман саросема, њозир аз Париж омадам. Модарам бемор
шудаанд. Биёед, њамроњї кунед, пулаша ман медињам.
Самандар. Э, не. Њар кас алафаша бояд бо доси худаш
даравад. (Ба Сарабек, паст). Ин ягон бало дорад.
Сарабек (моту мањбут шуда). Аз Ффф-франсия?
Гуля. Ња. Модарам бемор. Барои зудтар шифо ёфтани
модарам, имрўз хайр мекунам.
Сарабек. Меравем, лекин пулаша ман медињам.
Гуля. О-о, шумо чї хел босаховат! Тољир њастед?
Самандар. Ња, пашми бузи ангорї савдо мекунем.
Гуля. О-оњ, хобам рост мебарояд. Дар самолёт хоб дидам, ки
як тољири љавон алафї модарамро сињат кард.
Сарабек. Таъбири ин чї бошад?
Самандар. Чї хел табобат кард - бо дуою алас?
Гуля. Бо нўшобаи ким-чи хел як алафи кўњї…
Самандар. Афсўс, ки мо ягон нўшоба надорем. Сарабек. Хуч дорем-ку…
Самандар. Вай дору нест, андак ба фишор фоида дорад.
Гуля. Њо, бале. Модари ман фишор дорад.
Сарабек. Мо шиннї дорем, ќурут њам дорем.
Самандар. Шиннию ќурут дору мебуд, дар ќишлоќи мо хељ
кас намемурд.
Сарабек. Чойкањак чї?
Гуля. Акаљон, илтимос, очаи маро наљот дињед, ман шуморо
чї хеле хоњед, розї мекунам.
Сарабек. Ман тайёр. Доимо тайёр. Меравем.
Духтар бо телефони дастиаш дар тамос шуд.
Гуля. Очаљон, њозир расида меоям. Ду табиби кўњї меорам…
Аз… (Ба Сарабек). Шумо аз куљо?
Сарабек. Аз Харсангдара.
Гуля. Аз Хардара, очаљон... Фишоратон баланд?
Самандар. Не, Харсанг-дара!
Гуля. Ња, Хирс-дара, очаљон. Инњо нўшобаи хуч доранд.
Шифо меёбед.
KKKK
302
Љумъа Ќуддус KKKK
Мераванд.
Намоиши 2.
Њавлии Сарагул. Зан мўяшро тит мекунад, аз тиреза ба берун
менигарад, овозњоро шунида, зуд худро ба беморї зада, дар кресло
дароз мекашад. Љавонњо меоянд.
Гуля. Биёед. Ба ин тараф гузаред. Ана ин очаљони ман. Ман
омадам, очаљон…
Сарагул. Хайрият, ки ба зиндагиям туро дидам.
Оѓўш, бўса, гиряи тарфайн.
Гуля. О-о-о-оњ…
Сарагул. А-а-а-ањ…
Гуля. Ин табибњо барои шумо дору оварданд.
Сарагул. Йигити хуб, кабкњои кўњистон.
Гуля. Нўшобаи хуч доранд. Ќурут. Боз… чї буд?
Сарабек. Шиннї.
Гуля. Љиннї…
Самандар. Э, ширинї гўед, бењтар.
Сарабек. Хулоса, доруи шикам.
Сарагул. Мана сарам дард мекунад-у...
Сарабек. Ба сар њам дору.
Сарагул. Бењтараш, оби хуч дињед. (Медињанд). Ташаккур…
Ба сад дароед.
Сарагул нўшобаро хўрда гўё хобаш мебарад.
Самандар (хавотир шуд). Чї шуд?
Гуля (хавотиромез). Ин чї буд? Зањр надошт?
Сарагул. Як њафта боз бедорхобї мекашидам. Доруи шумо
фоида кард. Шумо дам гиред.
Гуля. Ња, хобашон бурдааст.
Сарабек. Аљиб, шањрињо дар хоб њам гап мезананд. Дар
ќишлоќ хоба, ки задї, аз љањон бехабар мемонї.
Гуля. Биёед, ба мењмонхона дароем.
Сарабек. Хуб.
Самандар. Бењтараш, акнун мо равем…
Гуля. Не, не. Як пиёла чой мегирад.
Сарабек. Рањмат…
Гуля. Креслои очама ба хонаи хоб бурда, ба шумо шарбату
мева меорам.
Креслоро тела дода мебарад.
Сарабек. Чї хушбахтї! Ман ба вай маъќул шудам.
Самандар. Дар шањри калон баъзан ин хел њам мешавад.
KKKK Њидояти ќудсї KKKK
303
Сарабек. Ин Гуля аљаб хушрўяк…
Самандар. Ваќти рафтан шуд.
Сарабек. Боз камтари дигар истем.
Гуля бо меваю шароб бармегардад.
Гуля. Шумо имрўз мењмони мо њастед. Ман барои шумо
раќс мекунам.
Сарабек. Рањмат.
Гуля моњирона мераќсад, љавонњоро ба раќс мекашад.
Самандар. Хайр, шуд. Ташаккур. Мо рафтем.
Гуля. Наравед.
Самандар. Ваќтамон танг.
Сарабек. Майлаш, ту рав, ман њамин љо мемонам.
Самандар. Не, туро танњо монда рафта наметавонам.
Ногоњ Сарагул даромад. Њама аз љой хестанд.
Сарагул. Ба шарофати шумо ман шифо ёфтам. Ќасам хўрда
будам, ки ба табибе, ки маро шифо бахшад, духтарамро ба ў
мебахшам. Мебинам, ки њарду ба њам писанд афтодед.
Сарабек. Бале, бале.
Гуля (аз њаё сар хам карда). Чї донам?
Сарагул. Гуляљон розї. Имшаб ман тўй медињам.
Сарабек. Ташаккур. Ин бахт аз куљо ба ман ёр шуд?
Самандар. Аммо аввал ба волидон хабар додан лозим.
Сарагул. Умри мо дар дасти офаридгор. Ман намедонам,
ки то пагоњ саломатии ман чї мешавад. Мехоњам ба зиндагиам
тўйи бахти духтарамро бинам.
Сарабек. Ман розию… Очам чї мегуфта бошад?
Сарагул. Ин «чойгаштаки духтарњо». Волидонро ба тўйи
калон хабар мекунем. Ба шарафи шифо ёфтанам аз њисобу гўру
кафаниам як базми ошиќон тани ман.
Сарабек. Не, не. Харољоти зиёфат аз њисоби ман.
Сарагул. Чї хел наѓз… Шомпон резед.
Сарагул дасти Гуляро ба дасти Сарабек медињад.
Сарагул. Хонаи дуошёнаву бахти сеошёна орзу мекунам.
Гуля (бо гиря Сарагулро оѓўш карда). Ташаккур.
Сарагул. Акнун ба хонаи бахти худ равед.
Сарабек. Рањмат, хола.
Бо оњанги ёр-ёр љавононро гусел мекунанд.
Самандар. Ба ман дигар ягон кор намонд. Равам.
Сарагул. Не, Шумо акнун ќудои мо. Воќеан, як духтари
бешўйи њамсоя њаст, фаќат як чашмаш каљ. Ба хотири мана
табобат карданатон њамона никоњ карда медињам…
KKKK
304
Љумъа Ќуддус KKKK
Самандар (њайрон). Не, не. Ман худам дорам.
Сарагул. Боз яктояш зарар намекунад…
Самандар. Бењтараш, хоб мекунам…
Сарагул. Ба мењмонхона марњамат…
Ба хонаи дигармебарад.
Намоиши 3.
Субњи дигар. Навбахтњо бо шодї ба њам нигариста,
мебароянд. Сарагул аз паси дар суханњоро гўш мекунад. Сарабек
ба Гуля гўшвораи тилло мебахшад.
Сарабек. Ташаккур. Ин гўшвораи тиллои модарам, ваќти
сафар ба ман дода буданд. Ба фикрам, дилашон пешгўї мекард…
Насиби шумо будааст. Гиред.
Гуля (рад мекунад). Не, не.
Сарабек. Чаро? Чаро?
Гуля. Лозим нест. Лозим нест.
Сарабек. Чаро? Чаро лозим нест?
Гуля. Ман аз кори тарљумонї зару зевари бисёр ёфтаам, вале
то њол дилдодае надоштам. Њоло, ки дилам бо ту аст, ин тилло
ба ман чї лозим?
Сарабек (гўшвораро ба киса андохта). Шукри худо, бахти
хуфтаи ман бедор шуд!
Сарагул меояд, худро шод вонамуд мекунад.
Сарагул. Њазорон шукр, ки ба маќсад расидам. Муборак
шавад. Хушбахтам, ки шуморо хушбахт мебинам. (Њалќае ба
гардани арўс партофта). Ин туњфа, рўбинони арўс.
Гуля. Ташаккур, модарљон.
Сарагул. Ту њам, домодљон, ягон тўњфа дењ.
Сарабек. Ман додам, лекин не гуфт.
Сарагул. Шањричањо хоксорї карда, як бор не мегўяд.
Гуля. Не, не, оча, намегирам.
Сарагул. Чаро аз туњфа даст мекашї, духтарам?
Гуля. Ман худи ўро дўст медорам, на туњфаашро.
Сарагул. Охир ин табиб аз самими дил њадя мекунад.
Сарабек. Бале, бале. (Гўшвораро аз љайб мебарорад).
Гуля. Гўшвора дорам, аммо дилдор надорам.
Сарабек. Бори аввал муњаббати њаќиќиро мебинам. (Дубора
гўшвораро ба љайби пеши бараш пинњон мекунад).
Сарагул. Ин нишони муњаббати безаволи ўст
Гуля. Ман зар дорам, аммо дили худро набохтаам.
Сарагул. Агар нагирї, ин писар меранљад.
KKKK Њидояти ќудсї KKKK
305
Сарабек. Бале, бале… (боз гўшвораро аз љайбаш баровард).
Гуля. Мани ољиза сазовори он нестам, зеро ки худам ба сад
љон ошиќи ин љавон шудам.
Сарагул. Вале, љонам, ќонуни муњаббат њамин аст: ту ин
хонаву дари зеборо ба ин љавони хуб бахшидї?
Сарабек. Бале.
Сарагул. Бистари гарматро бахшидї?
Сарабек. Бале.
Сарагул. Худатро бахшидаї!?
Гуля (бо њаё). Бале.
Сарагул. Бидон, духтарам, ваќте ки инсон ба дўстдоштааш
чизе медињад, ў ба худ медињад. Байни ошиќони њаќиќї «ин аз
ману ин аз ту» гуфтан расм нест.
Сарабек. Бале.
Сарагул. Пас, модом, ки бистари ту барои њардуи шумост,
пули ў њам пули њардуи шумост.
Њарду баробар. Бале.
Сарагул. Пас, барои мустањкам шудани муњаббат тўњфаи ин
писарро гир. Набошад, хафа мешавад.
Сарабек. Бале, бале. Гир, ки хафа мешавам.
Гуля. Хуб, фаќат барои он, ки дилдорам наранљад, ин
тўњфањоро мегирам. Вале рўямро дигар намешўям. Зеро ки лаби
ширини ёр расидааст.
Сарабек. Воњ! Барои кадом некї ба чунин муњаббат сазовор
шудам!? То зиндаам, аз ту људо намешавам!
Самандар меояд.
Самандар. Ташаккур. Ваќти рафтани мо шуд.
Сарабек. Не, ака. Мо њамин љо мемонем.
Самандар. Эњња…
Сарагул. Имрўз дар бењтарин љойи Варзоб тўй медињам!
Самандар. Охир волидонаша хабар мекардем…
Сарагул. Барои онњо дар ќишлоќ тўй медињем. Дар шањр
тўйи калон шарт нест.. Худамон чор кас, кифоя.
Самандар. Ман намеравам, ваќти дарс…
Сарагул. Хайр, сад доллар камтар сарф мешавад.
Самандар. Охир, ин таѓобачама бояд барам.
Сарагул. Вай то дина таѓобачаи шумо буд, њоло домоди мо.
Иљозати зану хушдоманаш лозим.
Самандар. (Ба як тараф). Бало аз тори сараш зад-ку.
Сарагул. Гулиљон, домод зиќ нашавад. Ман бо ресторан
маслињат кунам. (Меравад).
KKKK
306
Љумъа Ќуддус KKKK
Гуля. Ман нањорї тайёр мекунам. (Меравад).
Самандар. Ту њисоб кардї, чї ќадар пулат монд?
Сарабек. Не… Барои тўй мерасад.
Самандар. Баъд чї?
Сарабек. Баъд њаёти ошиќонаи афсонавї.
Самандар. Метарсам, ки ишќи шумо бо тамом шудани
пулњои ту адо мешавад.
Сарабек. Падарам боз равон мекунанд.
Самандар. Дилам хавотир. Дар ин бахти ногањонї ким-чї
хел мантиќ нест…
Сарабек. Агар аз ту мешуд, њамаашро дуруст мењисобидї.
Бахт ки ба ман расид, бемантиќ мешудааст. Бењтараш, ту розї
шав, њамон духтари шали њамсояро гир.
Самандар. Ман хонданї омадам, на барои ањмаќї.
Сарабек. Ман њам мехонам, њам ишќ меварзам.
Самандар. Хайр, хуш бимон, ошиќ. (Мераванд).
Намоиши 4.
Шом. Њарсе бармегарданд. Сарабек андак норизо.
Сарагул. ...Ин хел тўйи зўр кам мешавад.
Сарабек. Лекин мо чї хўрдем, ки 500 доллар шуд?
Сарагул. Домодљон, дар шањр аз нарх намепурсанд. Хайрият
поята зер карда, худам њисобї кардам. Набошад, ќишлоќї гуфта
ба њоламон механдиданд.
Сарабек. Охир буду шуд яктагї линги мурѓ, 300 грамм
коняк, дута помидор...
Сарагул. Гулњои дара - пул, оби Варзоб – пул, њавои
кўњистон – пул. Як шиша коняк панљад доллар, вале ошпаз љўраи
пешинаамбуду бепул њадя дод. Ин бахти аввал. Агар бекафан
бошї, бахшидам…
Сарабек. Э, не, очаљон. Ана, гиред…
Аз љайб бастаеро бароварда мекушояд.
Сарагул. Ин чї? Тўмор аст?
Сарбек. Не. Њазор сомониро барои рўзи «мабодо» алоњида
монда будам…
Сарагул. Офарин. Бачаи эбчил, дидадаро, маладес. Браво.
Шумо тањти мусиќии тўёнаи Менделсон ба хонаи ишќи љовидонї
ворид шавед.
Њарду. Ташаккур.
Мусиќии тўёна. Навбахтон ба хона медароянд.
Сарагул. Уфф… (Пулњоро дар пеши бараш пинњон мекунад).
Ин тайлоќчая осонакак «барра» кардем.
KKKK Њидояти ќудсї KKKK
307
Садои занги дарвоза.
Овози Ѓўлхон. Сарагул, ман омадам…
Сарагул (шод гашта). Овози Ѓўлхон. Инаша «гов
мегардонем». Дароед.
Ба њавлї Ѓўлхони бузургљуссаи ѓўлмонанд меояд.
Ѓўлхон. Ассалом…
Сарагул. Биё, Ѓўлхон, марди майдон, шоњи мардон.
Ѓўлхон. Мањронаи духтархондата овардам.
Сарагул. Кори савоб кардї. Ятим аст, шод мешавад.
Пулњоро мегирад.
Ѓўлхон. Канї арўс? Мехоњам зудтар бинам.
Сарагул. Нияти нек, вале андак сабр лозим.
Ѓўлхон. Боз барои чї? 18-сола нашудааст?
Сарагул. Гап сари ин не-ю, акаи гўрсўхтааш аз Русия пайдо
шуда омадааст. Фањмад, мана мекушад.
Ѓўлхон. Э, мурад вай. Тоќатам тоќ шудааст.
Сарагул. Парво накун, ду-се рўз баъд меравад.
Ѓўлхон. Набошад пулама те, дигараша харам.
Сарагул. Саросема нашав. Як роњ њаст. Вай аз пагоњї то
шом куљое меравад. Ту баъди соати дањ биё.
Ѓўлхон. Уф…
Занги телефон. Сарабек мебарояд. Сарагул ўро дида, Ѓўлхонро
сабук тела дода, аз њавлї мебарорад.
Сарагул. Бало омад. Пагоњ биёед, пагоњ.
Сарабек ба як гўшаи њавлї омада, дар тамос мешавад.
Сарабек. Ња, дадаљон. Ман наѓзу… Хондан душвор.
Бист китоби ќимат харидан даркор. Муаллимњо ганда, барои
як санљиш панљоњта мегиранд, барои имтињон садта. Хара
мефурўшед? … Хайр, пули телефон тамом шуд…
Самандар меояд, аз дасташ мекашад.
Самандар. Хайрият, ки дар танњої мебинамат.
Сарабек. Накаш. Аз даллоли Кўри Киром гузарондї.
Самандар. Хонагињо интизор, ба умед, ки ту хонда меравию
кори онњоро сабук мекунї…
Сарабек. Уф… чї кор кунам?
Самандар. Баро, ба дарс меравем.
Сарабек. Хуб, майлаш, ака. Ту ба дарсат рав. Ман камтар
њавои тоза гирам.
Самандар. Мисли дирўза фиреб мекунї: ман ки он сў
рафтам, ту ин су меої.
Сарабек. Уф…
KKKK
308
Љумъа Ќуддус KKKK
Самандар. Падарат занг зада буд. Дина барои ба бозор
бурдан хара аз хона баровардааст. Њамсоя пурсидааст, ки хара
куљо мебарї? Падарат љавоб додааст: «Ин студент аст, гов дар
Душанбе мехонад».
Сарабек. Наѓз. Ман њам шунидаам.
Самандар. Аз макру њилаи духтарњои сабукпо њазар бикун.
Ман фањмидам, ки ин кампир модари Гуля нест, як далла аст,
онњо сари туро гаранг мекунанд.
Сарабек. Ман дар ин љо бахтамро ёфтам, дигар як лањзаи
њаётамро бе ў тасаввур карда наметавонам.
Самандар. Охир, ту аввалин… марди вай набудаї.
Сарабек. Як номард фиреб додааст, аммо имрўз вай маро
дўст медорад. Ў њам барои бахт њаќ дорад.
Самандар. Гулсумбї чї шуд? Вай њам баумед, ки ту бо
диплом ба ќишлоќ баргашта ўро хушбахт мекунї.
Сарабек. Вай дигар, ин дигар, Гулсумбї - як хатои љавонї
буд. Бахти ман дар ин љо бо Гуля-љон аст.
Самандар. Ту аз хондан андеша бикун. Ба дарс, ки нарафтї,
пеш мекунанд. Ана баъд на диплом мешавад, на вазифа, на ишќи
духтари ќишлоќї, на ишќи шањрї. Њамааш «хатои љавонї»
мешавад.
Сарабек. Уф…
Сарагул наздашон меояд.
Сарагул. Офарин мардњои асил. Ба кор рафтаниед?
Самандар. Ња, хола. Агар тиљорат накунем, њарифон моро
«кидат» мекунанд. Вале ин додарак, аз ишќи печонаш њељ аз хона
баромадан намехоњад.
Сарагул. Аз манн ба ту насињат: мард бояд зуд-зуд аз хона
барояд, ки зан ўро пазмон шавад. Набошад, ишќ тамом мешаваду
мард дилбазан.
Самандар. Ана, дидї?
Сарагул. Охир Гуля нарав мегўяд…
Сарагул. Зан нозук аст, аз муњаббат мисли хас зуд дармегирад.
Ањамият надењ.
Сарабек. Ваќте гиря мекунад, дилам об мешавад.
Сарагул. Шумо ќањва нўшед, ман худам ба вай мефањмонам.
Гуля меояд. Сарагул ўро насињат мекунад.
Сарагул. Нагузарон. Дидї, ки дилаш моил шуд, зуд људо
шав. Ба њар бањона, нозу бозор карда, кам-кам дилаша хунук
кардан гир. Набошад, дарди сар мешавад.
Гуля. Хуб-у…
KKKK Њидояти ќудсї KKKK
309
Сарагул. Ба фикрам, пулаш тамом шуда истодааст.
Гуля. Ња-ю…
Сарагул. Њељ гап не. Барои ту як шавњари зўри дигар ёфта
мондам.
Гуля. Охир, ин чї мешавад?
Сарагул. Дафъ мешавад, њамаш гул мешавад.
Гуля. Дил кандан мушкил шуда истодааст.
Сарагул. Њой духтар, боз ошиќ нашуда бошї!
Гуля. Не-ю…
Сарагул. Насињатњои мана фаромўш накун: маќсади ту пул
кандан. Вай ишќа аз куљо мефањмад?
Гуля. Хубу…
Сарагул. Аќла кор фармо, на эњсоса. Ман туро аввал як
бойдухтари хушрў мекунам, баъд ба ягон бачаи галлуи вазир, ё
тољири серпул гарм карда, бойбибї мегардонам. Акнун инњоро
гусел мекунем.
Гуля. Оњ, худо…
Сарагул. Худата паст нагир, ки бачаи ќишлоќї аз худ
меравад. Туро марди асил Ќўчќорбой бо тахаллуси Ѓўлхон
интизор. Ќаду ќомат ана, китфњо ана, киса пури пул…
Гуля. Оњ, сари сахтам. Фаќат аз номи ман шумо розигї
дињед, ман гуфта наметавонам.
Сарагул. Ту наќши ошиќа наѓз иљро мекунї, давом те.
Гуля (ба як тараф). Худоё, агар Сарабек бепул монад,
Сарагул ўро ба хона роњ намедињад. Кошки пулњои Сарабек њељ
тамом нашаваду ќиссаи мо хотима наёбад.
Суњбати љавонон дар ављ.
Сарабек. Агар маљбур кунї, меравам. Кай?
Самандар. Худи њозир рафтан даркор.
Сарабек. Хуб. (Бо андўњ) Меравем.
Самандар. Офарин бар аќли расоятон.
Сарабек.Вале, Самандар, ба духтар худат фањмон, ки барои
гуфтани њарфи видоъ дилам пора-пора мешавад.
Самандар. Бо љону дил.
Сарабек. Фаќат, илтимос, мењрубонона фањмон, ки дили вай
ганда нашавад.
Ба истиќболи Гуляву Сарагул меоянд.
Самандар. Келин…
Гуля. Лаббай.
Самандар. Як илтиљо дорем. Ишќи њардуи шумо хуб, вале
мо бояд савдои пашми бузи ангорро давом дињем. Њамин, ки
баргаштем, боз додарам ба хидмати шумо меояд.
KKKK
310
Љумъа Ќуддус KKKK
Гуля. Ман чї донам кори љањонро?
Самандар. Офарин. Пас, ба мо рухсат дењ, ки равем…
Гуля. Кай бармегардед?
Самандар. Пас аз се - чор моњ.
Гуля. О-о-о-о-њ, худољон! Чаро ба ту дил бастам?
Сарабек. О-о-њ… Чаро туро дидам?
Гуля. Кош медонистам, ки рўзи нањси људої мерасад!
Сарабек. Мурад људої.
Самандар. Дила васеъ гиред. Майлаш, пас аз се-чор моњ
нею, баъди се-чор њафта меоем…
Гуля. О-оњ. Фаќат як илтиљо дорам. Бо ман њарчи шавад -
шавад, вале дўстдоштаи маро эњтиёт кунед…
Сарабек(нолиш мекунад). О-о-њ…
Гуля. Аз ин људої ба ман марг авлотар! Вой, дилам! Сарама
ба ин санги хоро задахудама мекушам!
Сарабек ўро медорад.
Сарабек. Не, не. Ман худама мекушам!
Гуля. Вой дилакам, вой…
Мурдавор бењуш шуда меафтад.
Сарабек(ўро мебардорад, нолиш мекунад). О-о-њ…
Сарагул. Хайрият, ки доштї, набошад, сари ў ба ин санги
хоро зада, мемурд.
Сарабек. Азизам, ба ту чї шуд?
Самандар (паст). Ањамият надењ, мисли артисткањо наќш
бозї мекунад.
Сарабек(паст). Э, бас-е, ту чї будани ишќро намедонї?
Самандар. Вай туро ањмаќ мекунад…
Сарагул (ба рўи духтар об пуф карда ўро ба њуш оварда
таскин медињад). Худатро ба даст гир, духтарам, ошуќата зиќ
накун. Боз аз ѓами ту мурда надонад?
Гуля. На, маро надоред, бе ў зиндагї кардан намехоњам!
Сарагул. Ором шав, пас аз чанд рўз бо пули зиёд
бармегардад.
Гуля. Ба ман ѓайри дидори вай њељ чиз даркор нест!
Сарагул. Барои тањкими муњаббат њиљрат зарур аст…
Гуля. Зарур бошад, майлаш, лекин ман худамро мекушам.
Сарагул (бо тааљљуби њаќиќї). Дили духтар нозук, сахт
мезанад. Барои дилаш, майлаш, раведу њамин рўз, ними шаб њам
бошад, багардед.
Сарабек. Ман њам айнан њаминро гуфтан мехоњам.
Самандар. Хуб. Рафтем.
KKKK Њидояти ќудсї KKKK
311
Сарагул. Ман барои ошиќони бедил дилкабоб мепазам.
Сарабек. Ана ин пулњоро гиред… (пул медињад).
Сарагул. Офарин, йигит.
Гуля. Ман дигар на чизе мехўрам, на њарфе мегўям.
Сарабек. Чаро азизам?
Гуля. Њарфњои ту ба ёдам омадан мегирад ва њасрати дидори
ту маро мекушад.
Сарабек (дилаш ганда шуда). Эњ, худо…
Гуля. Оњ, худо…
Самандар. Хуб, келин мо њамин шаб бармегардем.
Сарагул. Майлаш, шумо равед, ман ба арўс доруи
оромкунандаи асаб медињам,
Сарабек. Хуб, шумо дароед, баъд ман меравам…
Гуля. Не, аввал шумо равед, ки њар ќадами мондаатонро ба
ёдам гирам.
Сарабек. Не, аввал шумо.
Гуля. Аввал шумо.
Самандар (бетоќатона). Э, дар ишќат бало! Баро.
Сарагул (бетоќатона). Э, бало занад ишќата. Даро.
Гуля. Эй хуршеди бахт, бори дигар хонаро пурнур бикун! Эй
эзади ишќи синасўзам, маро батамом бисўз!
Сарабек. Оњ… Ман зуд бармегардам, азизам…
Гуля. Дили маро мебарї, тани бељонро чї кунам?!
Сарагул. Фироќи шумо мисли як сония зуд мегузарад.
Гуля. Не не, не! Фанд накунед. Як сонияаш мисли як сол
мегузарад!
Сарабек. Мо зуд бармегардем.
Гуля. Эй хуршеди тобони шаби тори ман, бе ту бар ман як
лањза рўзгору зиндагї мабод! Аз аламу њасрати људої ба ман
марг авлост! (Аз љайбаш шишачаи зањр бароварда як њаббашро ба
дањон мепартояд ва аз њуш меравад).
Сарабек. Биист! Ту чї кор кардї!
Сарагул. Ба хона дароред. Он љо доруи позањр дорам.
Њарду Гуляро ба хона медароранд.
Самандар (танњо, мутаассир шуда). Дили ман њам ганда
шуд. Шояд ман хато мекунам? Шояд ишќ њасту ман намефањмам?
Бахт ба ин чўпонбачаи ќишлоќї аз куљо пайдо шуд? Наход ки
барои ин каллакаду шуда вай парї худаша куштанї шавад?
(Боќимондаи доруњоро дида, бўй кашида, њайрон мешавад). Ба
фикрам, ин чизи дигар. Дар лабораторияи донишгоњ месанљем.
(Доруро ба љайби худ меандозад).
KKKK
312
Љумъа Ќуддус KKKK
Сарабек ва Сарагул аз хона мебароянд.
Сарагул. Хайрият, доруи позањрро ёфтем. Шумо ба коратон
равед. Вай баъди се-чор соат ба њуш меояд.
Самандар ва Сарабек мераванд.
Сарагул (ба як тараф). Ин духтар гузаронд. Ганда артистка
будааст. Њељ не, ки оби дидааш хушк мешавад.
Ѓўлхон меояд.
Ѓўлхон. Ана, ман омадам. Ба майдони ишќ!
Сарагул. Э, биёед, марди майдон, шоњи мардон.
Ѓўлхон. Не, Шоњимардон акаам. Ман Ѓўлхон.
Сарагул. Худо аз њамин хел клиентњои њафтафањм тияд.
Ѓўлхон. Арўс ќанї?
Сарагул. Њамин љост.
Ѓўлхон. Тоќатам тоќ шуд, охир… Канї арўс?
Сарагул. Дар ишќи сўзонатон садќа. Шумо чой хўред.
Ѓўлхон. Ман чой намехўрам, љўчабирён мехоњам.
Сарагул. Пул бошад, дар дашт чўљабирён њам мешавад.
Ѓўлхон. Мана пул, мана ошиќи чўча.
Сарагул. Мана чўча. Пеш дароед.
Ѓўлбек. Чоя њамин љо биёред, дар шамолаки гулњо дам кашида…
Сарагул. Чойхўр бошед, чойхона равед. Инља њунаратона
нишон дињед.
Ѓўлбек. Э, ња-е. Ман инља барои ишќ омадам… Куљост вай?
Сарагул. Сарвиноз! Бароед, ошиќатон омаданд.
Ѓўлбек. Дамаш гирифтагї-ку…
Сарагул. Аз њайбати шумо ба њаяљон омадааст. Шумо ба ин
хона дароед, њозир арўса меорам. (Ба хонаи Гуля медарояд).
Ѓўлхон худро ќату рост мекунад.
Ѓўлхон. Навбат ба мо њам мерасад…
Нохост тозон Сарабек меояд.
Сарабек (нафасаш гирифта). Гулиљон, Гул…
Њарду њамдигарро дида дар њайрат мемонанд.
Ѓўлхон. Воњ…
Сарабек. Оњ… Ассалом…
Ѓўлхон (норозиёна). Салом…
Сарагул онњоро дида, лањзае худро гум мекунад.
Сарагул. Вий, пул сўхт! Бало занад, ин љигаррехта боз чаро
омад? (Вале ба зудї худро ба даст гирифта, хурсанд вонамуд
карда, назди мардњо меояд).
Сарабек. Мебахшед, хола. Њуљљатама фаромўш кардаам.
Гуляљон соз шуд?
KKKK Њидояти ќудсї KKKK
313
Сарагул. Ња, соз-у… Имрўз аљаб рўзи нек будааст - рўзи
дидорбинии хешони ѓарибафтода. Шинос шавед, ин кас Ѓўлхон -
таѓои падари рањматии хоњарат мешаванд. Дар љавонї муштзани
номї буданд. Моро хабаргирї омадаанд.
Сарабек. Ња… Асссалом.
Сарагул. Ин кас акаи Сарвиноз аз падари якумаш.
Сарабек. И-е, чї хел?
Сарагул (паст). Барои ту Гуля, барои хешњо Сарвиноз.
Сарабек. Ња…
Сарагул(паст). Мо бе маслињати ќавм тўй кардем, хешо
хафа шудаанд. Камтар ваќт дињед, ба онњо фањмонда, розї
мекунонам.
Сарабек. Майлаш…
Ѓўлхон хавотир шуд.
Ѓўлхон. Шумо чї фуш-фуш мекунед?
Сарагул зуд бо Ѓўлхон гўшакї мекунад.
Сарагул. Шуморо ба вай гарм карда истодам. Мегўям, ки
шумо хеши дур бошед њам, аз очаву додояш мењрубонтар. Якта
панљоњсўма њадя дињед, дилаш ба шумо гарм шаваду хеши наздик
њисобад.
Ѓўлхон. Э, очаша… Сї сўм мешавад?
Сарагул. Њиммататон њамин ќадар бошад, мешавад.
Ѓўлхон (пулро гирди сар тоб дода). Ман барои ин хел љияни
хуб ана, бист сомонї садаќа мекунам.
Сарагул (ба Сарабек паст). Ту њам суст намон. Мурданї
таърифат кардам…
Сарабек. Чї кор кунам?
Сарагул. Ягон чиз барои тўњфа парто.
Сарабек(пулро гирди сар тоб дода). Марњамат, таѓољон,
барои хешутаборї…
Ѓўлхон. Не, лозим не.
Сарагул (пулњоро гирифта). Лозим. Шом як зиёфат ташкил
мекунам.
Ѓўлхон. Зиёфат тани ман.
Сарагул. Э, не-е. Нав ба ёдам расид: афсўс, ки Ѓўлхон-ака
ваќт надоранд. Худи њозир ба самолёт шишта, рост ба тўйи
љиянашон ба Гулистон мераванд.
Ѓўлхон. Не, чї хел тўй?
Сарагул (чашмак зада). Шумо охир, тўњфаи моро расонда,
пагоњ бармегардед-ку…
Ѓўлхон. Ња, майлаш, туњфаамро дињед.
KKKK
314
Љумъа Ќуддус KKKK
Сарагул. Хуш омадед. (Паст). Ним соат пас биёед, ў меравад.
Ѓўлхон (паст). Хуб.
Сарагул (баланд). Баъди пагоњ меоед-а?
Ѓўлхон. Хайр. (Гаранг шуда, менишинад).
Сарагул. Хуш омадед. Роњи сафед.
Ѓўлхон. Ња-а…
Сарагул. Чао – чао…
Ѓўлхон. Чево?
Сарагул. Равед-е… (тела дода мебарорад).
Сарабек. Гуляљон… (Ба хонаи Гуля медарояд).
Сарагул (баргашта). Ин бача канача шуд-ку. Клиентњои
наѓз аз даст мераванд. Калонтар-калонтар кандан даркор, ки
пулаш зудтар тамом шавад. (Меравад).
Намоиши 5.
Шом. Самандар Сарабекро рўи њавлї мебарорад.
Самандар (паст). Инља биё, як чизи аљибро мебинї.
Сарабек. Хуб.
Самандар. Ман њам аввал ба самимияти духтар бовар карда,
худро мазаммат намудам, ки ќариб боиси њалокати ў мегаштам.
Аммо баъд шубња карда, тањќиќ намудам. Ва фањмидам, ки
дилсўзии ту бењуда аст…
Сарабек. Боз дар њаќќи Гуляи ман ягон гапи бад мегўї?
Самандар. Ман њаќиќати ишќи шуморо муайян кардан
мехоњам.
Сарабек. Дањ бор санљидї, бас. Ту бахилї мекунї.
Самандар. Ту ба самимияти ман бовар надорї? Тамом. Ё
дўстии маро бигў, ё бо ин зани маккор бимон.
Сарабек. Чї њазли хунук!? Њардуятон ба ман лозим.
Самандар. Ана ин шишачаи зањре, ки дўстдоштаат хўрда
буд. Шинохтї?
Сарабек. Ња… Инро чї кор мекунї?
Самандар. Ё ман, ё Гуля.
Сарабек. Девонагї накун.
Самандар. Алвидоъ, дўстам!
Як дона њабро аз шишача гирифта ба дањон партофт ва
бењуш шуда афтод.
Сарабек. Худоё, ин чї рўзи сахт аст! Чи хел туро наљот
дињам? Модари Гуляро ба ёрї хонам!
Самандар (бо чашми пўшида). На. Биист!
Сарабек. Ту зиндаї?
KKKK Њидояти ќудсї KKKK
315
Самандар. Албатта!
Сарабек. Дилу љигарат дар љояш?
Самандар. Албатта. Ту њам чашида бин, дилат баќувват
мешавад…
Сарабек. Охир «зањр» навиштагї ку.
Самандар. Бале, аммо дору – давои дарди дил. Хўр.
Сарабек. Не-е… (Як њабро ба дањон партофта гиребон
медорад). Худоё, тавба.
Самандар. Фањмидї?
Сарабек. (бо гиря). Н–е-е… Ња-а-а…
Самандар. Боз чї шуд?
Сарабек. Дилам ганда шуд: То њол гумон доштам, ки вай аз
ишќи ман месўзад. Афсўс, њама фанд будааст.
Самандар. Чашмата калон кушо. Бин, занњо чї ќадар
маккоранд.
Сарабек. Фаќат як чизро намефањмам, ин мењру муњаббати
њаќиќї, ин тўю маъракањо ба хотири чист?
Самандар. Барои пул. Њамин ки пулат тамом шуд, туро аз
ин љо меронанд.
Сарабек. Бовар намекунам. Вай маро дўст медорад.
Самандар. Он ќадар намуд њам надоштааст. Рўю мўяш аз
њисоби рангубор будааст.
Сарабек. Њой, љўра, ба вай бо нигоњи паст назар накун,
янгаат мешавад. Вай барои ман азиз.
Самандар. Хайр, «Лайлиро ба чашми Маљнун бин» гуфтаанд.
Вале ба ту як хабари тоза: њама пулњоят сарф шудааст. Аз хона
дигар пул намефиристанд. Падарат мегўяд, ки хондан душвор
будааст, гашта ояд.
Сарабек. Њм…
Самандар. Дар хонаатон на буз монд на хар.
Сарабек. Муњаббати мо ба хар дахл надорад. Ана, мебинї:
бе пул њам дар ин љо мемонам. Ту ба хобгоњ раву ба кори ман
дигар халал нарасон.
Самандар. Хуб. Ман рафтам. Ту медонию ишќи ту.
Сарабек. Исто… Биё, дигар хел сесанљем - бепул шуданамонро
гўем, агар ин дафъа њам ризо бошад...
Самандар. Дигар кор намегирам. Хуб. Ана, меояд.
Сарагул ва Гуля хастањолона меоянд.
Гуля. Њар дафъа ки шумо паст-паст фиш-фиш мекунед, дар
боѓи дили ман тўфони бало сар мекашад.
Самандар. Гапи мо - пашми бузи ангорї.
KKKK
316
Љумъа Ќуддус KKKK
Сарагул. Ња, занњо фиш-фиш кунанд, бало мехезад. Мардњо
маслињат кунад, зару зевар фаровон мешавад.
Гуля. Рост?
Сарабек. Гап њамин, холаљон, бо вуљуди ин, ки њама пулњоям
сарф шудааст, ман бо шумо мемонам ва…
Гуля. Вий. Нафањмидам.
Сарабек. Бепул монда бошам њам, умре дорам, хизмати
шуморо мекунам.
Гуля. Сарам чунон гаранг шудааст, ки забони шуморо
намефањмам.
Сарагул. Чї будаст, чї шудаст, баъд чї мешудаст?
Сарабек. Мегўям, ки пулам тамом шуда бошад њам, дар бари
Гуляљон мемонам. Тайёрам ѓуломи хонатон шавам.
Гуля. Оњ худо, омад ба сарам он чї аз он метарсидам.
Сарабек. Натарс, ман њељ љо намеравам.
Сарагул. Гуля туро дўст медорад, вале пул - оташи ишќ аст.
Бе пул оташи муњаббати шумо хомўш мешавад.
Сарабек. Чаро?
Сарагул. Ман модарам, инро ќабул надорам. Аз он соат, ки
ба ин хона омадї, духтари ман рўз надид. На шикамашро сер
карда тавонистї, на танаша пўшондї. Ёфтаву тофтама сарф
кардам, ки Гуляљон камбаѓалии туро њис накунад. Бењтараш,
зудтар аз пеши мо рав, ки хор шуд духтаракам.
Сарабек. Мо ошиќем, ишќи моро накушед…
Сарагул. Лаънат ба ишќи бепул!
Сарабек. Бе ў ба њељ куљо намеравам!
Сарагул. Чї!? Туро зада-зада аз ин љо меронам!
Гуля (бо илтиљо). Очаљон, ўро наронед.
Сарагул. Туро њам дафъ мекунам, ошиќатро њам.
Сарабек. Дўстдоштаи маро наранљонед.
Сарагул. Э, ман медонам бо ошиќчањо чї кор кунам.
Гуля. Лозим не, оча.
Сарагул. Ё маро мегўї, ё ин бекафана!
Гуля. Намедонам, чї кор кунам…
Сарабек. Хуб, Гуляи азиз, ту њоло бо модарат бимон. Њамин,
ки пулдор шудам, омада туро гирифта мебарам.
Гуля. Ташаккур. Ман интизор мешавам.
Сарабек. Оњ, азизам…
Гуля. Оњ, љонам… (Бо мўйи парешон пеши пойи Сарабек
таъзим карда). Одамони хуб аз мо мераванд, мо њамроњи
одамони бад мемонем.
KKKK Њидояти ќудсї KKKK
317
Сарабек. Оњ, худољон…
Гуля. Ман бе ту хор мешавам.
Самандар (ба як тараф). Дили ман њам об шуд. Самимї.
Ё… не-е. Ё… ња?
Гуля (мањзунона). Ту њамеша азизи дили ман њастї. Зудтар
баргард.
Сарабек. Ман зуд бармегардам.
Сарагул. Э, паят канда. Илоњї, бо њамин рањи хонаи мана
фаромўш кунї!
Гуля (мањзунона). Ха-айр…
Сарагул љорўбро гирифта, пайи ќадами онњоро мерўбад.
Љавонњо ноилољ мераванд. Занги телефон.
Сарагул (бо телефон дар тамос мешавад). Биё, Ѓўлхон.
Майдона холї кардем…
Гуля. Худоё, оќибати кори ман ба хайр шавад…
Сарагул (Гуляро шодон оѓўш кашида). Офарин! Аз имтињон
гузаштї. Ту шогирди њаќиќии ман њастї. Бањоят панљ. Ња-ња-ња…
Гуля. Вале дилам ба вай моил аст…
Сарагул. Беаќлї накун. Боз шикор баро. Ќишлоќињои
галлуи дањаняла, вале мошиндори серпула ёв.
Гуля. Ман наметавонам њар моњ як шў кунам…
Сарагул. Шў не, хушдор. Э, ман худам бароят як марди зўри
серпула ёфтам.
Гуля. Худоё…
Бо ќадамњои бањодурона Ѓўлхон меояд.
Сарагул. Ана, бин: марди майдон, шоњи мардон.
Ѓўлхон. Гуфтам-ку. Шоњимардон – акаам. Ман Ќўчќорбой,
тахаллусам Ѓўлхон…
Гуля. Лозим не, холаљон…
Сарабеку Самандар омада, пинњонї назора мекунанд.
Сарагул. Пешвозаш гир. Ана ина мард мегўянд! Дасткушод,
серпул.
Ѓўлхон. Ана, омадам. Арўс канї?
Гуля. Оооњ, худоё, чи ќадар бадбахтам ман.
Сарагул. Биё, Ѓўлхон! Арўсат ана њамин.
Ѓўлхон. И-е. Ин ёш-ку? Нагз - нагз, лояша гап занед.
Савдо сар мешавад. Сарагул. Аввал ќаду ќоматаша бин,
Ѓўлхон. Хайр, садта…
Сарагул. … чашмоша бин,
Ѓўлхон. Хайр, саду бистта…
318
Сарагул. … лабу дандонаша бин…
Ѓўлхон. Хайр, боз бистта…
Сарагул. Фаќат барои кокулонаш сесадта кам…
Ѓўлхон. Хайр, ана яксаду шаступанљта…
Сарагул. Дар бой-бобом садќа, њиммататон њамин?
Ѓулхон. Хуб, хуб – дусадта…
Сарабек (дилашро дошт). Воњ!
Самандар (ўро нигоњ дошта). Ана акнун фањмидї?
Сарабек. Фиребгар! Бевафо! Њама ќасамњо дурўѓ?
Гуля. Куљої, Сарабек? Маро наљот дењ.
Сарабек. Эњња, мешунавї?
Самандар. Таги гап дигар хел менамояд…
Сарабек. Гуля-љон!
Гуля. Худоё, овози наљотро мешунавам! (Сарабекро дида).
Сарабек… Сарагул (ўро мебинад; оромона). Э, бачаи кишлоќї, љое, ки
як бор хушбахтї дидї, дубора нарав - бахти дубора фаќат дар
афсона мешавад! Гум шав.
Гуля эътироз менамояд.
Гуля. Не, не, не! Ман Сарабекро дўст доштам.
Сарагул. Паст гап зан, ки мењмон нашунавад…
Гуля. Ман дигар шавњар намекунам!
Сарагул. Девона нашав…
Гуля. Ман бе Сарабек зиста наметавонам!
Сарабек тоќатро аз даст дода фарёд кард:
Сарабек. Гуляљон, биё, меравем!
Гуля. Фалак оњи дили маро шунид. Меравем!
Сарагул. Њељ куљо намеравї. Ана, ба ту шўи сазовор.
Дарвозаро мањкам мекунад, љавонњо аз дарвоза берун мемонанд.
Вале Сарабек болои китфи Самандар баромада, аз болои девор
даст дароз мекунад.
Сарабек. Биё, азизам…
Гуля. Ман бо туям, азизам.
Гуля калиди дарвозаро мегирад, ба ёрии Сарабек љаста, аз
девор мегузарад. Њарсе фирор мекунанд.
Сарагул. Арўса доред, Ѓўлхон.
Ѓўлхон(аз њайрат лол монда). А-а?
Сарагул аз ноилољї дарвозаро бо пой мекўбад.
Сарагул. Истед, лаънатињо! Ёрї дињед, мардум! Хонама дузд
зад! Ин бачаи ќишлоќї хазинаи тиллои мана дуздида бурд...
Свидетельство о публикации №223032600587