Дар орзуи писар. повест

Дар њасрати писар
Ќисса

Ваќте Толибљон соњиби дипломи муњандисї шуд, т;йи зангириаш њам оѓоз шуд ва ; дар айни љавонию ѓурур сари теппаи баландтарини мањалла баромада, рў ба дења болу пар кушод ва такрор ба такрор савганд хўрд: «Ай дењаи майдаяки ман, ташаккур, аз шумо, ки маро дар оѓўши худ калон кардед, соњиби ному нонам кардед! Ана акнун ман омадам, ки адирњои дар айёми бачагї хартозї кардаву сањрои њезумчинї рафтаву ба по хор халидаамро гулистон кунам! Чунон обод кунам, ки дењаи Ѓиљовакро Парижи Тољикистон гўянд»!
Ваќте аз мушкилоти дења пурсон шуд, ба ёдаш оварданд, ки њар бањор сойи селгузари болои дења аз маљро баромада, чанд хонаи канори дењаро «хўрда» боиси марги одамон мешавад, њар сол хун мехоњад. Маслињат шуд, ки аз болотари дења сарбанд сохта, роњи селгузарро дигар кунанд. Эъмори онро ба муњандиси љавони номљў супориданд. 
Ваќте дар ќишлоќ њашари наврўзї эълом карданд, мувофиќи одат аз њар хона як нафарї писарак ё духтараки 12- 14- соларо равон карданд. Толиб ба хонаи мардум рафта, хоњиш намуд, ки мардњои калон ба њашар бароянд. Бо ханда ба ёд овард, ки Мањмадал; ном як њамсабаќаш пас аз соли сеюми тањсил тобистон ба дењаи дурдасти кўњї ба аёдати волидон рафт. Субњи барваќт ўро падар аз хоб бедор карда мегўяд, ки «сад банд алафи хушк карда мондааш дар борони ногањонї пўсида нобуд мешавад, онро пуштора карда фарор». Мањмадалї, ки аз хурдї аз чунин корњо дилбазан шуда буд, бозор рафта, як хари калон мехарад ва ба падар мегўяд: «Ана њамин хара «писарам Мањмадал;» ном монда, кор фармудан гир» Агар мо писару духтари худро хари боркашу канизак  созем, олиму донишманд, вазиру кабир кай пайдо шавад»?
Ва;те њама тасдиќ карданд, ки мо аз фарзандњо хари боркаш месозем, Њавасмоњ гуфт: «Аввал якта зоёнда, калон кун, ана баъд фарзандони мардумро «хар» бихон. Падари Толиб ба љон расида, ба ў дањ моњ мўњлат дод, ки шабгардию беѓамия партофта, соњиби як писар шавад. Ва Толиб духтурравиро сар кард.
****
;айрати Толибро ба назар гирифта, дар сохтмони оби маъдани ;и;овак сардори баст таъин намуданд. Ва нахустин бархўрди сардори љавон бо мардони баркамол аз њамин оѓоз шуд. Аввал “Анљирнай” ба оњанги бањси фалсафї оѓоз кард:
- Ин са;ера ба сардор ё љиянаш мешавад, ё ...
-  Хеши занаш, -  гуфт “Апалоќ”. – хеши шў – коса бишў, хеши зан – шўла бизан.
-  Мо аз дасти хешутаборчигию љўрабозї фаќат бой додаем, хешу табор шудем, лекин давлат нашудем, мањал шудем, вале миллат нашудем, -  хулоса кард Анљирнай.
Исмоилхони пир, ки њамеша зидди љараён мерафт, илова кард:
- Давидани гўсола то кањдон.. .
- Кўзаи наву оби хунук. Пушташа як бор мўрча газад, сусту фулуст мешавад.
- Дар кўза об бошад, ки гарму хунук шавад!  -  киноя зад Њасанаки Апалоќ.
Аз ин гапи мисли ѓингаси магас садо дода чанд кас хандиданд. Њасанаки ќадаш якунимметраи аз кору бори рўзгор паљаќшударо, ки пояшро базўр кашола карда мегашт,њамдењагон чун каси аз шудааш пушаймон ва рўзгори бесуд бурданаш “Апалоќ” ном монда буданд. Вай  одатан хапу хомўш мегашт, вале нохост ба гап дарояд, тормози дањонаш аз кор монда, љилави суханро кашида наметавонист.
Толиб аз болои маноракран дид, ки чанд нафар як љо рост истодаанд, талаб кард, ки корро тезонанд. ;ама хестанд, вале ба талхгў; гузаштанд:
Муњандиси пешина Барот, ки сї сол пеш техникуми сохтмонро хатм карда, он замон дар дења ягон одами маъломоти техникї дошта ба њисоб мерафт ва то њол ба эњтироми касбаш ўро “Анљирнай” меномиданд, аз ин илњом гирифта, њасрат кард:
- Аспа њар рўз љав дињї, шињааш баланду чорхезаш зиёд мешавад.
Буљули Апалоќ он рўз хар хеста буд, ки њар дафъа сухани нави аблањона меёфт ва дигарон ба хандаи аблањона медаромаданд:
-  ;ав ба Толиб фоида надорад: гови ќисира овозаш баланд мешавад.
Толиб чун ќањрамони мазњакаи фаронсавї “Фигаро он љо – Фигаро ин љо” аз маноракран фаромада, ѓайбати њамкоронро шунид, онро њамеша бо њазл ќабул мекард. Бинобар ин, хост ќофияро давом дињад:
- Ба љойи гап кор кардан даркор...
-  Ман рўз инља кор мекунам, шаб унља... ;ар “зарбаи” мо бача мешавад. Лекин кори шумо суст.
- Апалоќ, гапата андеша карда зан, -  гўё огоњ, вале ўро тез кард Исмоилхон. 
- Марди њаќиќии мисли ман бо вертолёт аз болои зан парвоз кунад, бача мешавад.
- Э, гузарондї, Апалоќ!
Ѓараз аз талхгўии Апалоќ серфарзандии ў ва њашт сол боз бефарзанд будани Толиб буд. Боре дар аввалу охири сол зани Апало; фарзандњо таваллуд карда, онњо мисли дугоник менамуданд. Њар ваќт Толиб ба зудї бо њазл маљрои суханро дигар мекард. Аммо “Анљирнай” ба Толиб имкони гап надод:
- Одам мављуди биоиљтимоист: аз мард фарзанд нашавад, рўзгор вайрон гардад.   
- Дар бузургитон садќа, -  Толиб њам одами хондагї буд. -  Барои њамин, камтараки дигар љунбед, ки соњиби мукофотпулї шаведу бо ягон тўњфача “мављудоти биологи”- и ба вуљуд овардатона хурсанд кунед.
Ваќте масъалаи маоши иловагї – мукофотпулї баромад, на Апалоќ бањсро давом дод, на “Анљирнай” ва њама ба кор часпиданд. Дигар садоњои зиндаг; –таќ- таќи болѓаву, шибир- шибири бетонрезї ва ѓурроси мошину трактор ба осмон печид.
Вале суханњои њарва;таи Апалоќ ин дафъа ба дили Толиб чун шамшер халида, торафт баландтар овоз медод ва оњанги зиндагиро хомўш мекард: 
- “ ... гови ќисира овозаш баланд мешавад”... њар “зарбаи мо”бача мешавад.
Бори аввал хастаг; эњсос кард. Дар майнааш холигии вањмоваре пайдо шуд. Дигар пешрафти кор њам ба дилаш шодї наовард. Њама чиз якбора дар назараш бегонаву бемаънову берабту носур намуд. Якбора дар назараш офтоби бањор њам сўзон намуд. Тасфаш баланд шуд. Бо сад азоб худро ба назди мошинаш расонд.
Бањори оиладориаш хуб буд: кори дилхоњ, ёри дилхоњ, њама шод, њама мењрубон. Вале њашт сол гузашту њоло њам аз фарзанд дараке набуд. Бинобар ин, гапу оњанги гуфтори мардум дигар шуда, коњишомез киноя мезаданд:
- Хонаи бачадор- бозор, хонаи бебача- мазор.
Њамсояааш Њасанак љамъбаст мекард:
- Худо бутата – метата, натата – наметата.
;ам хазида, ба дилу майнаи њарду даромада зањр задан гирифт. Толиб чандон эњсосї набуд, андешањоро дар тарозуи аќл бармекашид. Панди ниёгон-  классикони адабиёти форсу тољик барояш чун сарќонун хидмат мекард. Вале дарк менамуд, ки дар љамъият зиста, аз аќидањои умумї берун зистан душвор. Аз њамнишинон пурсид:
-  Ман њоло аз Худо умедњои зиёд дорам: ду писару ду духтар... 
Хулосаи Њасанаки њамеша њозиру нозир чун њамеша оддї, вале ѓашовар баромад:
- Бутата – метата, натата – наметата.
Анљирнай ки бањс ба хотири бањс мекард, зидди худ баромад:
- Њаргиз писар баробари падар нашавад ва кам андар кам воќеъ гардад, ки писар аз пайи падар равад. Баръакс, басо шоњзода барои тахт падари худро кушт, одамони  оддї њам аз фарзанд безор шудаанд. Доштагињо пушаймон, надоштањо дар армон.
Вале мардум ба пандњои замони бачагї шунидаашон ихлос доштанд. Апалоќ њам як саволи зоњиран хуб дод:
- Аз ќадим падару бобоњои мо мегуфтанд, ки мард се вазифа дорад: сохтани хона, шинондани дарахт, зодани фарзанд. Њамаи онњо номаъќул кардаанд? Дар умри кўтоњ  бо чашми сарам дидам, ки дар панљоњ – шаст соли охир он ќадар чизњое пайдо шуд, ки аќли бобову бобокалонњои мо тамоман намегирифт! Њатто ана њамин мехзанаки автоматиро гиред... Агар фарзандњои зиндагиро пеш набаранд, њаёт мемирад... 
Бо чунин мисолњои майда бањсро фач накунад гуфта, Анљирнайа аз ракетаву атом гап кушод ва гапаш акси гуфтањои пешинааш садо доданд:
- Бегуфтугў, дар байни як миллион фарзанди инсоният як нобиѓа пайдо мешавад ва њоло тухми садњо нобиѓаи дигар дар осмон парвоз карда гаштаанд, то дар ваќту соати муайян дар батни мувофиќе љой гиранду кори инсонро сабуктар кунанд. Агар фарзандони фарзонаи инсоният намебуданду аќли инсон пештар намерафт ва мол то њол дар љамъияти ибтидої- ѓуломдорї мемондем.
Апалоќ бо фалсафаи хоси худ эътироз кард, ки аз њар кас нобиѓа намебарояд.
-  Аз нокас кас нарўяд. Ана, яктааш Кали Шавкат: ваќте зимистони гузашта мастомаст дар рўи рањ афтода аз хунукї шах шуда мурд, тамоми араќфурўшњои дења мотам гирифтанд. Њисоб кардаанд, ки ними наќшаи фурўши араќи чор дўкони ќишлоќа ў буд мекард. Худаш њам доимо мегуфт: “ободии майхона аз вайронии мост”. Ваќти рўза ифтора бо пива мекушояд. 
Фикри муњандиси эронї, ки њамроњи онњо кор мекард, тамоман дигар буд. 
- Дар асри 21 ин мавзўъ кўњна шуд. Дигар гапе нест, ки шумо ин њарфро мезанед? Бинед, њоло тиб чунон пеш рафтааст, ки нозойро зоянда мекунад. Њамли сунъї њаст.
Муаллими биология, ки ба ќавли њамсояаш аз таљрибаву пайвандкунии зиёд соњиби 8 духтару як писар гашта буд, њамаро якбора дилхунук кард:
- Аслан, фарзанд як паразит аст. Вай як љисми кўчакест, ки аввал дар батни зан аз њисоби хўрдани хуну оби љисми модар калон мешавад, сипас шири ўро дам мекашад ва пас 18- 20 сол ва баъзењо як умр аввал волидон, баъд хешу аќрабо, дертар тамоми халќ ва гоњи дигар кулли инсониятро азият медињанд.
Ин гап ба њама нафорид ва љомеа ду таќсим шуд.
- Наход, ки фарзанда паразит гўйї, маълим!?
- Паразит чист?-  фањмонд Арбобзода, -  мисли бактерия, актиномисет, вирус ва обсабза мўфтхўр аст, хуну ќуввати тани дигаронро истифода мебарад.
Пири баобрўи мањалла Исматуллохоља, бо андак маломат њамаро ором кард:
-  Фарзандро паразит гўед, ќањри худо меояд. Бузургии худоро бинед, ки ба шумо имкон додааст аз њамљинси худ њамтои худро ба вуљуд оваред…
Толиб хулоса кард, ки фарзанд шарту зарур аст. Талќини модару хоњару янга, холаву амма,  њамсояњо њамин буда, фаќат як чиз мепурсиданд:
- Келин тайёрї мебинад? Келин «вазнин» шуд? Ягон «навигарї» њаст? Кай соњиби як «дада- гўяк» мешавї? Э, њоло њам гўлак нашудааст?  То кая саланг- саланг мегардї?
- Бутата – метата, натата – наметата...
***
Маслињатњои дигар њам буданд: «Аз бањри ин хел зани нозой баро»… Солњои аввал чун амр, баланд мегуфтанд, вале Толиб онро љиддї ќабул намекард. Бовар дошт, ки имсол не – соли дигар мешавад. Њоло бо эњтиёт мегуфтагї шуданд, аммо дили Толиб ба ларза меомад. Чї табибу фолбин, ки дар атрофу акноф мављуд буд, хабар гирифт. Аммо сад дод, ки…
Нињоят, ќарор доданд, ки шоми видоъ ороста, ба наѓзї људо мешаванд. Марзия дастурхон орост, њатто икраву торт гузошт. Гўё ки тўй бошад...
***
Мањфили оилавї шом, баъди кор барпо шуд. Гўё ба њавлї арўс мефароварданд, ки аз магнитофон савту сурудњои хуши муњаббат танинандоз буд. Њофизе ишќро замзама мекард. Вале оњанги муњаббат њам ба дили њозирин дарднок расид. Арўсу домод дар либоси мувофиќ бари њамдигар нишаста, ба мењмонон муроот мекарданд, Њашт сол барояшон мисли як рўз гузашт, боре бо њам љанљол накарда буданд. Вале он бегоњ табассумашон рўякї буду таги дилашон доѓ. Њељ кас иштињо надошт. Танњо таѓои деромадаи Толиб, ки аз дашт омада, аз таги гап бехабар буд, аз линги мурѓ бардошта, калон газид, вале чашмаш ба чењрањои њазини мардум афтода, дилаш тањ кашид, луќмаи ба даст гирифтаашро ба љояш гузошта, чизи ба дањон гирифтаашро нахоида фурў бурд ва аз болояш як ќулт оби «Хушобак» нўшид. Вале њатто об гулўи таѓоро гирифт ва гўё худро аз гуноњ рањо карданї бошад, сулфа карда, ба љиян рў овард.
- Рангат зард аст, Толиб? Нафањмидам, љиян.
Хама хомўш монданд. Махсуми Тешахон, ки соњибони зиёфатро 8 сол пеш аќди никоњ баста буд, ришашро бо ангуштон њилол карда, аз гузаштагон ёд овард:
- Зиндагии Мавлонои Румї, ки дар ишќу маърифат хулоса мешуд, камоли матлубу ахлоќи ањли сўфия буд. Дар њама умр касе аз ў «ѓами дунё» нашнида буд. Дар охири умр заифу зардчењра ба назар мерасид. Як рўз шогирде аз вай пурсид: ранги саги Асњоби Кањф чї гуна буд? Мавлоно љавоб дод: зард, чаро, ки ранги ошиќон зард аст, чунонки ранги мо зард аст. Ишќи ин љувонњо ранги рўяшонро зард кардааст.
Дили њама пур аз ѓусса шуд. Арўс гумон дошт, ки хоб асту њоло мегузарад. Вале...
Амак бо ишорат гуфт:
-  Аз ин зиёдаш ба дилњо заъф меорад...  Ба сари маќсуд оед, писар...
Дидаи њама ба Толиб дўхта шуд.
Оњ кашид ў, вале њаво дар кадом як ќисмати ќалбу шуши ў дармонд ва ба љойи нафас баровардан ба оњистагї садои нањифе баровард.
- ... Та- лоќ...
Вале Марзия эњсос кард, ки ба дилаш гўё њазорон тири тўп расид. Нола кашид.
- О- о- о- оњ...
;ама нороњат шуданд, њамаро ашк гулўгир кард. Дунё ба сари ду кас фурў рафт.
Марзия ѓайри оњу нола чизе ба забон оварда натавонист. Дарун- дарун сўхт, дилаш танг шуда, њаво намерасид. Ба ў њабби оромкунанда доданд, вале арўс рад намуд. Ўро њамин лањза њељ чиз ором карда наметавонист... Дарахти њаштсолаи муњаббати онњо аз беху бун сўхт.
Толиб ба сањро рафт, ки дар шаби ширмањтоб андешањояшро ба тартиб оварад. Маслињатњову маъвизањо майнаашро гиљ сохтанд.
- Ман кистам? Чаро дар ин дуроњаи сарбаста дармондам? Чї гуноње кардам, ки парвардигор ин лутфу эњсонро аз мо дареѓ дошт? Аз ман ба худову бандањо чї суд? Сарватњои аслии љањон дар хазинаи шоњњо, бонкњо ва нињонхонаи ашрофон нест, гаронтарин сармояи љањон дар заминњои кишт, дастгоњњои саноат ва њунар аст. Вале онњо низ асосї нестанд. Ќиматтарин дурру марљони олам – инсон аст...
- Бутата – метата, натата – наметата! -  Толибро ин суханњо ба замин парчам кард.
Чун кирми дарахт андеша ўро аз дарун мехўрд.
Танњо як панд ба дили Толиб асар кард ва то андозае оромї ёфт:
-  Дар ёд дор, њама наќшањо фаќат орзу монанд, агар амал накунї; метавонї дер монї; Фонї будани худро бидон ва талош бикун. Худованд ёри ташаббускорон аст.
***
Њоло мебояд зани дигарро интихоб кунад. Толиб дошту дар чанд љой кор карда, оламу одам дид, вале интихоби ёри нав осон набудааст. Њама духтарњои шиносашро, ки имкони издивољ доштанд, аз пеши назар гузаронд. Њама духтарони тољик зебо. Аммо њељ кадоми онњо дар њусну назокат, хислату гуфтор ба Марзияи ў баробар шуда натавонистанд. Надониста интихоб кардан осонтар будааст…
Бо маслињати холаву аммањо пас аз чанде Сомира ном «духтари чаќќону кордони хонаќапро» аз оилаи баобрўи дењаи дигар хостгорї карда, бо тамоми расму русум тўй карда оварданд. Толиб дар фикре буд, ў метавонад њар як паршикастаро хушбахт гардонад. Бар ивази њамааш танњо як чизро илтиљову зорї мекунад: фарзанд… 
Нахустин сўњбати гарми Толиб бо зављаи дуюмаш Сомира чунин оѓоз шуд.
Як фарзанд њадя бикун ва маликаи дили ману ин хонадон шав...
Синни арўси нав аз 25 гузашта, бо ќонуни нонавишта аллакай пирдухтар мањсуб мегашт. То ин замон вай аз бахти бад шиква карда, чарбзабону сархам буд, пайваста номи оллоњро ба забон меовард, аз оќибати корњо андешањои вазнин карда, ба ќаъри чоњи ѓам меафтод ва аз худованд “халосгаре” таманно дошт. Ба дил ќасам хўрда буд, ки ба касе зан шавад, хоњ кўри модарзод бошаду хоњ шали нољунбон, хоњ бењунару берўзї ва хоњ гадои кўчаву бозор хушбахттарин марди олам месозад. Ва Худованди азза ва љалл оњи дили ўро шунида, на кўру шал, на бењунару берўзї, на гадои кўчаву бозор – балки пеши љавонњои замона – Толиби муњандисро фиристод.
Сомира номи Толибро дар дења борњо шунида буд. Дар ин байн ў вакили маљлиси ноњия шуда, ба чанд бечораву дармондаи дењаи Сомира њам кўмаки башардўстона мерасонд. Бино бар ин, њоло шукри Худоро ба љо оварда, ба худ гуфт, ки “бењуда ѓам мехўрдаам, бахти ман фаќат андак дертар меомадаасту худам бехабар будаам”... Вале баъди ба хонаи шавњар омадан сари Сомира 180 дараља тоб хўрда, аз самимияту тавбаю тазаррўъи вай нишонае намонд. Шояд ин табадуллот баъди он сар зад, ки аз нозой будани зани аввалаи ў бохабар шуд, ё аз зорињои Толиб барои фарзанд хулосаи дигар бароварду рўбањи ланг шери жаёни љигархор шуд. Худро барои Толиб бахти олї мешумурду худи Толибро барояш ѓазаби худо.
- Ман аслан аз њељ кас кам нестам. Толиб шукр кунад, ки маро бо фанду фиреб ба даст овард. Агар Толиб, ба гуфти мардум “зўр” мебуд, дар маљлиси ноњия не, дар Маљлиси Олї вакил мешуд. Бояд боз камтар сабр мекардам, ки зани ягон генерал ё вазир мешудам. Њайфи умри љавонам, њайфи сабру тоќат...
Арўси нав бо тамоми ањли хонавода њам чап шуд. Косаро ба табаќ мезаду кафлезро ба дег, гўё њар соату њар лањза бањонае мељуст барои љангу љанљол. Шояд аз ин номењрубонии ѓайричашмдошти зан буд, ки Толиб њам ба ў чандон кашиш эњсос намекард. Ў ба Марзияи хушсухани боњунар одат карда буд, дар њар як рафтору гуфтори Сомира сифатњои ўро мељуст, вале намеёфт ва аз ин њол дилтанг мешуд. Аз њама бадтар, якуним сол гузашт, вале аз фарзанд нишоне набуд.   
***
Толиб ба њар даре ки имдодаш мерасид, рафт. Пеш ба табибу фолбин заррае ихлос надошт, ба духтури ин соња њам чандон бовар намекард. Вале аз ин пас маљбур шуд. Аз хирс мадад гуфта, ба назди њар донои дар минтаќаи Хатлону Суѓду Њисор ном бароварда рафта, маслињат пурсид. Чињое нахўрду чињое накард, њарчї тавсия медоданд, ба љо овард, аз муолиљаи тибетї то машќи йогаи њиндї бо худталќинкунии беохир. Давоми як соли охир хулосаи духтурњои вилояту љумњурї як буданд: акнун аз ту фарзанд мешавад. Шояд айб дар занат бошад.
Вале Сомира ташхисро ба гардан намегирифт.
- Ман зани мусулмонам, намехоњам, ки ба танам оњану сўзан зананд.
- Гап сари он, ки ман рафам, табобат гирифтам. Бояд фарзанд шавад.
- Њамааш маълум,-  сухани ўро бурид Сомира. -  Ту безуриётї, сари як зана хурдї, навбати ман шуд. Аз ман њам халос шуданї.
- Ё тавба...
Бањсу љанљол бо оњанги гўшхарош, пур аз ишорањои ќабењ, бо кинояву тањдид мисли фиттаи кино такрор ба такрор рафтан гирифт:
- Илоњи хонаи аммаат сўзад, ки ба хонаи мо хостгорї омада, мана  бадбахт кард! Кошки дастурхони аммаву очата бармегардондему зани ягон генерал мешудам! зани ягон алкашу бечора, лекин мард мешудам, ки зуд њомиладорам мекарду њоло кўдаки ман “оча”- гўяк мешуд... Ту агар зуриётдор мебудї, зани аввалата мезоёндї...
Идомаи бањсу љанљолро Толиб ба худ лоиќ надид.
- Шояд ту њаќ бошї. Агар туро бадбахт карда бошам, узр...
Инро Сомира ба таври худ фањмид. Пагоњии барваќт додараш бо мошинаш омаду, бо бањонаи дидори модар Сомираро ба хонаашон бурд. Келини калонї дид, ки хапу дам ду- се бастаи калонро ба мошин бор кард. Ин дафъаи аввал набуд. Бо хоњиши модар, Толиби забонкўтоњ бо дили нохоњам ба Сомира занг зада њол пурсид, зан ба љойим салому алейк бе истињола талаб кард:
- Талоќама те.
- Якбора?...
- Тамом, талоќама те...
Ањли хонадон шукр карданд, ки аз зањри “овфимор” халос шуданд.
Аммо ѓами Толиб кам нашуд. Њарчанд, ки ганда буд, њарчанд ки умедаш бор наоварду соњиби кўдак нашуд, дањони ѓайбати њаќу њамсоя, дўсту душман баста буд. Ў пешакї медонист, ки боз ба њамлаи равонии бадхоњонаш гирифтор мегардад.
***
Дар ширкати “Хушобак” корњои сохтмон анљом ёфта, теъдоди муштариён торафт бештар мегардид. Оби чашма ба њама писанд гашт. шуд. Чун масъули бахши иттифоќи касаба Толиб бояд 1- уми июн -  Рўзи байналмилалии кўдакон фарзандони кормандони корхонаро ба љойњои хушманзара ва фароѓатгоњи бачагон бурда, зиёфат ташкил мекард. Бо насињати пирони ќавм њар кўдаки бегонаро бо хушнудї истиќбол мекард, то ба худо хуш ояд.   
Он рўз баъзе кўдакњои хурдсолро модаронашон њамроњї мекарданд. Калонтарњо, ки омўхта буданд, худашон омаданд. Апалоќ њам омад, аз бадзабонии вай дигар нишоне намонда, баръакс, чор писарашро ба ихтиёри Толиб гузошта хоњиш кард:   
- Толиб- е, бачањои мана аз ман бењтар нигањбонї мекунї. Навбати пода равам.
- Хуб, акаи Њасан. Бачањо, ба мошини ман шинед.
Чор писарчаи сарашон бузтарошкарда хушбахт шуда, ба мошини бароњати “Опел” нишастанд. Онњо дарвоќеъ дар муносибат бо Толиб хеле озод буданд. Яке ба чамбараки мошин чаќа шуд, дигарї ба тормозу сеюм ба мурватњои дигар. Нохост яке сигнали онро пахш кард.
Толиб, ки бачањои навомадаро дар рўйхати пешакї тартибдодаи коргоњ ќайд мекард, ин сигналро ба таври худ фањмида, ором кард:
- Њозир, њозир. Вазнин шавед, бачањо...
Дид, ки ќариб њама њозиранд, аз бормонаки мошин як боклажка компоту самбўса бароварда, ба писарчањо дод. Самбўсаро барои маъракаи худашон модараш пухта, насибаи писарашро сањарї маљбуран дода буд.
Писарчае, ки њамроњи модараш давутоз мекард, аз дари кушодаи мошин ин манзараро дида, бозиро бас кард ва фавран самбўса талаб кард. Модар бо ќароњат бачаро ором кард, ки ваќти пешин медињанд. 
То пешин њамааш хуб гузашт. Дар фароѓатгоњ, дар баландие, ки манзараи талу теппањои атроф чун дар кафи даст менамуд, барои њама хўрок доданд. Њар чизе лозим буд, Толиб ва ронанда аз бордони автобус оварда рўи миз гузоштанд. Чун об бештар мерафт, Толиб баробари оби “Хушобак” колаву спрайт низ гирифта буд.
Шамолаки форам гармои тобистонро нарм месохт, вале дар зимистони ќањратуни онсола баъзе шохи дарахтњо хушк шуда, чанде аз љойњои нишаст офтобрўя гашта буд. Њама сари кўдаконашонро пўшонданд, ки офтоб назанад. Ин замон Далер -  писари калонии Њасанаки Апалоќ ба ёд овард, ки кулоњчаашро дар мошини Толиб фаромўш кардааст. Аз Толиб рухсат пурсида, дубора ба сари мошин рафт. Њангоми бозгашт чанд самбўсаи боќимондаро низ гирифта овард. Додарчањояш зуд яктогї гирифтанд. Дигар писарчањо низ самбўса хостанд.
Толиб лањзае гаранг шуда, аз Далер хоњиш кард, ки ба дигарњо њам дињанд. Вале самбўса ба њама нарасид. Ин ба баъзењо алам кард. Махсусан, ба Њавасмоњ. Зуд љигот андохта, эътироз кард:
- Ваќте ки ба маърака чиз мегиред, њамаро ба њисоб гиред. Писари ман бачаи љайра нест, аз алфасанакњои Њасанак њам камтар нест.
- Мебахшед, хола, вай самбўсањои очаам пухтагї...
- Э, кї њозир аз хонааш ба бачањои бегона чиз медињад? Аз хонаи очат овардї, аз хонаи момат овардї, барои њама биёр.
- Аниќтараш, нимаша ба хонаи худаш бурдагї, аз њисоби бачањои мо хўрда одат кардагї, -  нештар зад Нозанин, ки барои ќади дароз ва одати банохост мисли карасини авиатсионї оташ гирифта, талхупичинг гуфтанаш раиси калон ба ў “Хардумка” лаќаб монда буд.   
Фалокат аз таги по мехезад: якбора ду- се зани дигар ба гапи “Хардумка” пайравї карданд.
- Бало занаша, раиси прафсоюза. Њаќи гўлакоя, ки хўрд, худо ба худаш бача наметия. Агар худаш медошт, ба ќадри кўдакњои дигар мерасид.
- Аслан, ба ихтиёри раиси бекўдак супоридани фарзандони мардум хосият надора, ягон касофат меёра.
- Ба раиси калон гўем, ки Толиба аз прафсаюзї озод кунад. Њамиќа хўрд, басай. Боз дигарњо хуранд.
- Ягон марди дурусти чор ишкелаш бутуни кўдакзоёндаро монанд.   
Дигар бањс бемаънї шуд. Толиб њељ гоњ бо занњо љанљол намекард. Ин дафъа њам хомўшона сари мошинаш рафт. Ронандаи автобус Шовалї барои бадсуханї занњоро дашноми сахте доду назди Толиб омад.
- Худата ба даст гир, додарам...
Толиб бо чашмони ашкбор менишаст, гўшаш ќулф зада буд.
-  Ба гапи њар баддањон ањамият нате. Шўйи “Хардумка” се сол пеш аз раисии профсоюз озод шуда буд, зањри забонаш аз њамин њисоб.
Толиб ањамият надод.
-  Акаи Шоњ, ту бачањоро бар. Ман рафтам.
- Нагузарон. Њамроњ омадем, њамроњ меравем.
- Рост мегўяд “Хардумка”: ба ман чї лозим кор бо бачањо, кор бо профсоюз, умуман зистан дар байни мардум?
- Инаш девонагї...
Мошини Толиб рафт.
***
“Анљирнай” шикоятнома навишта, талаб кард, ки Толибро тафтиш намоянд. Роњбари ширакат комиссия таъсис дода, Њасанро раис монд.  Тафтиш нишон дод, ки Толиб нисбат ба публи аз корхона људошуда зиёдтар, аз њисоби худаш маблаѓ масраф кардааст. Апалоќ  бо вуљуди ба ќавли баъзењо “одами паст” буданаш аз  Толиб узр хост. Вале “Анљирнай” љазо талаб кард. Тоќати раис њам тоќ шуд.
-  Наѓз медонем туро.  мехостї сардори сохтмон шуда, дањ ангуштро ба дањон тиќќонї, вале аз дастат хок намеомад, саводу њунар надоштї. Тамоми умр як оѓилро њам мустаќилона насохтї, куљое кор кардї, сеяки маводи сохтмонро ба хонаат кашондї. Нисфи мўйи сарам дар тафтиши нўњ аризаи ту сафед шуд. Ризо будам, ки аз кор бароям. Вале барои кайк шуда пўстина намесўзанд. Ман барои бор овардан дар хориља будаму интихоби коргаронро ба дўши муовин гузошта будам ва аз ќабули ту бехабар мондам. Набошад, њељ гоњ ќадамат ин љои покро олуда намекард. Гумон доштам, ки дар ин солњои вазнини 90- ум дигар шудї, боаќлтар шудї, вале афсўс, ки феъли бади бо шир омада бо љон мебаромадааст.
- Ба нафаќа баровардани ман бањона барои халосї аз ман аст, гўй?
- Мо якдигарро хеле хуб фањмидем.
- Мо ба њукумати ноњия арз мекунем. Њамту не, Њасанљон?
- Воњ, ту номи мана гирифтї, акаи Барот? – њайрон шуд њасани Апалоќ. -  Дигарњо дар ѓайбам гўянд, ту ба рўям нигоњ карда Апалоќ мегуфтї...
- Хайр, нахоњї не. Худам рања медонам. Ту лох будї Апалоќ, лох мондї...
- Лох будан аз иѓвогар будан бењтар аст.
Анљирнай бошаст аз дар баромад.
***
 
Раиси ширкат маслињат дод, ки аз раисии иттифоќи касаба озод шавад, вале корро напартояд. Аммо Толиб дигар њарфе назада рафт. Иродаашро тамоман аз даст дод. Чанд њафта бекор гашт. Бо касе гап намезад. Падараш ва акааш Ашраф  ўро насињати зиёде карда, аз оќибати кори ў андешида, барояш дар бозори ноњия як дўкончаи савдо гирифта доданд. Толиб рўзи дароз бењаракат менишаст, ягон кас чизе харидорї кунад, медоду пайваста ѓарќи андеша буд. Њар харидор чї ќадаре нархро паст кунад, ризо мегашт. Вале пас аз чанде мардуми боњиммат соби; муњандисро шинохта, дигар аз нарх гап намекушоданд.
Њамнишинон, ё њамкорони нав њар яке худро вазифадор медонист, ки ба ў маслињати худро дињад. Яке гуфт, ки аз њамли сунъї ба воситаи тибби муосир истифода барад. Дигарї гуфт, ки худо медонад бо асбоб тухмии киро чї хел “мекоранд”! Роњи асосї њамли табиист. Ё бењтараш, аз саѓирахона ятимбачаеро гирифта калон кунад, пурра бо њуљљат ба номи ў васї мешавад.
Вале њамоно чанд нафар зидди  ин фикр баромада, фањмонданд, ки ин маслињат барои навозишу парасторї ва аз бепадарї халос кардани ятимон аст, на роњи халосї аз беписарї. Он ќадар мисолњо оварданд, ки сари Толиб гаранг шуд. Умуман, аз бањри фарзандхонии ятимон даргузашт. Зеро ки падар ё модар бадфеъл набошанд, тифли худро ба чанголи њаводис намепартояд.
***
Солњои сол ёд надоштанд, ки Толиб аз кори сохтмону ташвишњои кумитаи иттифоќи касаба барваќттар аз соати дањи шаб ба хона баргашта бошад. Вале акнун баробари ѓуруби офтоб ба хона баргашта, бо тањорату намоз машѓул мегашт. Њар шом набераи дўстрўяки њамсояро дар њавлї дида, њатман ќандаке медод ва њолпурсї мекард ва аз чаќ- чаќ бо кўдаки сесола беихтиёр ором мешуд.
Њар ваќт мепурсид, ки бачаи кистї, тифл номи модарро мегирифт:
- Бачайи  Убайдаам.
- Дадаат кї?
Писар номи таѓояшро мегирифт.
- Номи худат чї?
- Эњсон.
- Ња, эњсони худо… ба оилаи хушбахт. Волидонат хушбахтанд.
Њар сари чанд ваќт дар хонаи њамсоя маъракачае мешуду очаи Эњсон ба хонаи онњо омада, њамроњи хоњару янгаи Толиб нишаста, ё ягон таъом мепухт, ё чаќ- чаќ карда ваќтро кўтоњ мекард. Толиби аз зан ќимоб, ба рўйи њамсоядухтар нигоњ намекард, вале гоњо рў ба рў омада, салом медоданд. Гоњо мењмонњо то поси шаб меистоданд ва Эњсон њамроњи Толиб чаќ- чаќ карда, хобаш мебурд ва Убайда њамроњи Парвина – янгаи Толиб омада, писарчаашро гирифта мебурд. Њатто як- ду бор омада аз Парвина хоњиш кард, ки акааш сими барќи хонаашонро бинад. Толиби њамакора дар як дам онро дуруст мекард.
Аввал хоњараш гап кушод, ки Убайда бењтарин духтари дења буд, вале афсўс бахт наёфт. Дуюм, янгаааш ба ситоиши Убайда сар кард. Вай њаммактабаш будааст, чунин буду чунон шуд… Афсўс, ки шўйи номардаш пас аз таваллуди кўдак мудом љангу љанљол бардошта, оќибат ўро аз хона рондааст. Бечора, дар хонаи акааш зиндагї мекунад, вале њайф мешавад. Толиб дар тааљљуб шуд, ки чаро шўи њамсоядухтар соњиби писар шуда бошад њам занашро аз хона рондааст?
Ў ба Эњсон чунон мењр баст, ки њар шом ўро пурсида меовард, агар ў набошад, ѓизо намехўрд. Дар насињатњо борњо шунида буд, ки агар кўдакеро дўст дошта мењрубонии самимї карда тавонї, вай бо шафоати худованд барои соњибфарзанд шудани ту мусоидат мекунад. Ба ёди Толиб ин панд дертар омад, вале аз рўзи аввал дидор ба писарак мењр баст. Тифли бегуноњ њам ба ; одат мекард.
Вале як шом њарчанд Толиб суроѓ кард, кўдакро наоварданд. Янгааш хабар дод, ки барои  Убайда хостгор омадааст ва писарчаро назди хостгор шинондаанд.
Дили Толиб тањ кашид.
- Э худољон, чї гуноњ кардам, ки њамин ѓамбарораки њамсояро њам аз ман дур кардан мехоњанд? Чї кор кунам, ки ин писарак аз пешам дур нашавад?
Янга нохост пешнињод кард:
- Њамин зани хуба гирї, чї мешавад?
- Э, ман ба шумо чї, занљаллобам? Ба чї хотир?
- Ба хотири фарзанд…
- Ман дигар бовар надорам, ки … ягон касро хушбахт кунам…
Шаб хушхабаре оварданд, ки хостгор ба гирифтани «какани» Убайда, бачаи шўи аввалаш ризо нашуд. Убайда аз ин фоли бад гирифта, ўро рад кард. Тоќати Толиб тоќ шуд ва хоњиш кард, ки њамин пагоњї арзи ўро расонанд. Ба хотири Эњсонљон…
Тўйи хоксоронае барпо шуд.   
Њарки њарчи гуфт. Нагўянд, мекафанд:
- Ќандаша занад, мард будааст.
- Як занпараст будааст…
- Элак бањона, дилаш арўси нав кашид…
- Саѓераи худодод будааст...
- Э, њамаи ин гап. Бутата – метата, натата – наметата...
*****
Эњсони кўчак падари худро ёфт. Толиб њам то андозае ба орзуи худ расид. Њар ваќт пас аз хунук шудани бозор бо шиносу ношинос чаќ- чаќ карда, дер ба хона бармегашт, вале пас аз тўйи навбатї мек;шид, ки њарчи зудтар баргардад ва бо тўњфае Эњсонљонашро шод гардонад. Келини нав Убайда, ки бо занњои ин хонадон барваќт дугонагї дошт, гуё чандин сол инљониб аъзои оила буд. Ва Толиб њам ўро чунон пазируфта унс гирифт, ки бори аввал пас аз чанд соли људої аз бахти аввалаш Марзия на танњо эњсоси бегонагї накард, балки ба назараш чунин менамуд, ки замони издивољаш бо Марзия як хобу хаёл, як воќеаи асрњои гузашта, аз њаёти каси дигаре буд, ё ки холо ба инояти Худо умри наве ба сар мебарад.

***
Убайда мекўшид, ки дар ягон кораш ба ў эрод нагиранд. Ин эњсос дар хонаи акааш рух дода буд: онњо сарватманд буданду сермењмон ва хоњар чун як ходими беминнат чун обу њаво зарур буд ва Убайда лањзае оромї надошт. Вале зоњиран ба љойи “хизматњои келин” њама аз ў як чиз мехостанд: фарзанд. Дар њусну љамолу назокати сухану рафтор ў ба Марзия баробар намеомад, вале аз њаёти осуда тањти рўяш кушодатар мегашт ва пас аз моњаке яз ягон соњибљамолакњо камї надошт. Њарчанд ба либосњои гарону зебо чандон майл надошт, хушдоману хоњаршўяш бо илтиљо хоњиш мекарданд, ки либоси арўсї пўшад. Сарупои миллї ба ў мувофиќ омада, ба љамоли ў њусни тоза зам мекард. Вале ба Толиб чизи дигар писандидатар буд: ваќте Убайда Эњсони чорсоларо чун тифли навзод ба банди синааш зер карда, дўстдорї намуда алла мегуфт, дили Толиб аз шодї меболид, худаш кўдаквор шод мегашт, гармию нармї ва њаловати аљибе эњсос мекард. ;ар гоњ ба ёдаш мерасид, ки падари Эњсон каси дигар аст, бе ѓаши дил бо њайрат мепурсид: “Ай бадбахт, ин манзараи гуворо, ин лањзањои бињиштиро партофта, њоло чиро мебинї?”
Ва орзу мекард: “Кош ба писараки ман њам чунин мењрубонї кунад...
***
Санљиши доруву, гиёњ, шавлањои алафї давом ёфт, пеши табибони тибетї рафт. Ва нињоят, модараш хабари хуштаринро барояш расонд:
- Келинакам дуљон шудааст...
Шодии Толиб поён надошт. Дар дилаш симфонияи беохири тантанаи њаёт мављ мезад, ба гўшаш њама садоњо форам мерасид.
Вале хати маши рўзгор фаќат сафед нест...
Сањаре дар бозор як марди ба ќавли мардум “ќадаш думетраи чамбаршох” кайфи Толибро парронд. Харидор хеле босалобат буд, чор мошинчаро интихоб карду сари нархи он хеле савдо кард. Ваќтњои охир ў бозичањои бачагонаро зиёд оварда ба фурўш мемонд. Агар харидор бачаяке мебуд, Толиб онро арзон мекард ва гоњо аз дидани њоли музтариби онњо бепул њам медод. Вале аз чї бошад, дуруштии ин мард ба ў нафорид.
-  Чї маљбур мекунї, ки даѓалї кунам?
-  Бозичая ќимат кардї. Дар Душанбе ин понздањ сомонї, ту њаждањ мегўї.
- Рав, аз Душанбе хар. Ба ту намефурўшам. Вале бачаат биёяд, бепул метиям.
- Бачаи ман падар дорад! -  Харидори даѓал њам паст наомад.
- Чор тарафат ќибла!
- Ман медонї, чї кор мекунам?
- Чї? – Толиб њайратомез аз љояш хест.
Толиб дар ќад кўтоњтар бошад њам, ќомату китфу бозуи вай гўштингиру човандоз буданашро тасдиќ мекард. Харидор як кебиду ќадаме дуртар рафт.
-  Ман то пешин хубам – бачаи очаам. Баъди пешин хуки оча мешавам! Ман аз налог! Дўконатро мебандам. Хору зор мешавї. Пеши поям таъзим мекунї!
Эгами Калўш, фурўшандаи пањлуяш ўро шинохт.
- Э, Акобир? Ту “брати” худамон- ку? Ин кас дар бозор одами нав. Биё, аз мошинчањои ман гир. Чанде гўйї метиям.. Биё- е...
Мард каме ором шуда, бозичањои Эгамро гирифт. Фурўшандаи таљрибадор медонист, ки вай акнун арзу ароз намекунад, ба њамон монанд бозичањоро бо  нархи аз гуфтаи Толиб гаронтар фурўхт.
Толиби бо ѓами худ овора, то шом њамаро фаромўш кард. Баробари ба хона расидан чашмаш ба чор мошинчаи дар дами дарвоза монда афтиду дилаш “жувви” карда, аз хавотирии бадбахтии эњтимолї тањ кашид.
- Ин чї?! Кї овард!?
Модараш бо табъи хира ўро ба хонаи худ даъват кард. Њар ќадар метавонист, оромтар сухан гуфт. Вале Толиб ба ѓазаб омад, сутуни дилаш ларзид.
- Ман ба њар зарбаи ќисмат тайёрам, вале инашро чашмдор набудам.
***
Маълум шуд, ки Акобир бачаи яккаи оча, баъди хатми донишкада ба кумитаи андози ноњия сар халонд. Бо маслињати чанд дўсти мисли худаш ѓаммоз ба хоњари сардори шўъбаашон “часпид”, ки дар идора котиба шуда кор мекард. Акобир дар хушомадгўї устухон надошт ва бо шилќинї “дилёбї” кардан гирифт. Гумон дошт, ки баъди ин издивољ хусурбурдааш -  сарвари кумита ба ў њам ягон вазифаи равѓанї ёфта медињад. Борњо ба ў дар ин хусус арз карда, хоњиш кард, ки бо ягон бањона ўро бо “калони калон”- и бахши андоз шинос созад. Вале аз чї бошад, хусурбурда ба ин талаби ў “њоло баъд мебинем” гуфта, корро ќафо мепартофт. Дар ин байн Эњсон њам ба дунё омад. Вале падар ба ў ањамият намедод. Ягона чизи дилхушкунанда барои ў вазифаи калонтар буд. Нашуд, дар пойтахт одамњои даркориро ёфт ва бо кўмаки падари як њамсабаќаш, ки дар кумитаи љумњуриявии андоз хидмат мекард, мудири бахш шуд. Худи њамон рўз пўстинашро чаппа пўшида, ба сардори шўъба даѓалона ишора кард, ки бе ў њам кораш буд мешавад, ягон рўз љойи ўро њам мегирад.
Ќањри хусурбурда њам омад.
- Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ошно гардад,
Надонистам, ки саг хун хурад, хунхор мегардад.
***
Акобир занашро аз хона ронд. Барои ;удо шудан ба суд ариза дод. Њангоми буридани аќди никоњ судя њам пешнињод кард, ки ба хотири манфиати писари хурдсолаш аќаллан ба як кунљи хонаву љояш соњиб шавад. Вале Акобир шодии худро пинњон накарда, ќарордоди хариду фурўши хонаро нишон дод. Вай хонаи очааш буда, худаш иљорашин аст. Барои њамин то њол Убайдаву Эњсон дар он хона расман маскун нашуда буданд. Зориву тавалло, маслињату насињат бефоида буд. Сарвар -  акаи Убайда аз хоњар хоњиш кард, ки дар њавлии ў зиндагї кунанд.
Боѓи макри Акобир гул кард, пас аз рондани занаш чанде майишат кард. Вале аз кадом маъшуќааш ба ў бемории зўњравї гузашт, табобат кард, сипас як беваро ба никоњаш даровард. Вале ду сол гузашту зан њомила нашуд. Духтур ба хулоса омад, ки њангоми худтабобаткунї кадом як дору тухми ўро сўзондааст. Фарзанд шуданаш мушкил. Табобати дурудароз дар Хитой, ё Олмон лозим.
Акобир зиёд фикр накарда, хулосаи барояш даркорї баровард:
- Мегардам табибу даво кофта? Бача дорам. Аз Убайда кашида мегирам. Хоњад, чун зани дуюм боз никоњ мекунаму майишат карда мегардам.
Ба хонаи акаи Убайда омада, собиќ занашро суроѓ кард. Вале зани хусурбурдаи собиќ тарбузи ўро аз баѓал афтонд.
- Дер кардї! Убайда шў кард.
Инро чашмдор набуд. Ба даѓалї гузашт.
- Ќанчиќ, ки буд, зуд ба ќучоќи як бурдангали дигар даромад.
- Ду сол тоќат кард, вале ту як бор ба суроѓи писарат наомадї- ку?
- Ањмаќа кї ёд мекунад?
- Хайр, ањмаќ буд, соќ буд, љоша ёфт. Кордораш нашав. Мон бахташа бинад.
Акобир дид, ки кор ранги дигар гирифтааст, наѓмаю усули ў њам дигар шуд.
- Майлаш ман ба Убайда кор надорам. Лекин писарама мегирам.
- Агар тияд...
-  Бо суд кашида мегирам! Вай дар куљо?
- Њо ана, ду њавлї боло.
Акобир бозичањои харидаашро бардошта ба он њавлї даромад. Эњсон савори велосипеди сечарха бо бачаи њамсоя машѓули бозї буд. Акобир бе хато ўро шинохт.
- Ку, бидав, шакари ота...
Эњсон надонист чї кор кунад. Акобир ўро аз болои сечарха бардошту чалап- чалап бўсид, мошинчањои овардаашро пешаш гузошта бо тантана хабар дод:
- Акнун саѓирагї бас, мо хонаи худамон меравем.
Овози ѓафсу баланди мољарољўёнаи ўро шунида, модару хоњари Толиб рўйи њавлї баромаданд. Бобои Камол, њамсоя, ки умре дар милитсия кор мекард, њайрон шуда омад. Модар худро базўр дошта гуфт:
- Мењмон, кори наѓз накардї. Кўдак туро ќариб фаромўш кардааст. Бо ин рафторат ба љигараш ханљар мезанї.
- Ин бачаи ман. Хоњам мекушам, хоњам, зинда мекунам.
Бобои Камол тоќат накарда, ўро ислоњ кард:
- Бачаи худат, лекин њадде надорї, ки як мўяша кам кунї.
- Мебинем, милиса. Чї кор мекунї? Суд мекунї?
- Ту чї, љангкунї омадї? Мехоњї, ин хонадони обода вайрон кунї? Вай зани ту буд, њоло зани каси дигар аст, оилаи одами хуб аст.
- Касе хонаи мана вайрон кард, монам, ки хонааш обод истад?
- Шарм дор. Хонаи ободата худат вайрон кардї... Ба љояш ду бева овардї, лекин аз сабукпой буданашон худат онњоро њам зада пеш кардї. Айби инњо чї?
- Ин кори ман. Гова гирифтед, ба гўсолааш чї кор доред?
Убайда, ки то ин дам аз шарм аз хона намебаромад, тоќат карда натавонисту пеш омада ва бо ќатъият талаб кард:
- Акобир, ин писар оча њам дорад! Бача бо очааш зиндагї мекунад...
- Эњња, боз забон баровардї?! Љойи наѓз ёфтї!
- Инља хонаи ту нест, ки дўѓу пўписа кунї. Ба бачаи ман кордор нашав.
- Шуйи нават худаш зоёнад, баъд соњибї кунад.
Бобои Камол боз ба мусолења даъват кард.
- Ту мард;, занњоро хафа накун. Мардњошон биёянд, бо онњо гап зан.
- Э, мард мебуд, ќанчиќи мана бо “каканаш” намегирифт, духтари хона мегирифт. Ман ба суд метиям, писарама кашида мегирам...

Дили Толиб ба шўр омаду хост рафта он аблањро ёфта, чанд мушти обдор занад. Вале модараш ќасам дод, ки ин корро накунад.
- Вай безорї будааст. Интизори як гапи бељои ту аст, ки суду судбозиро ба фоидаи худаш њал кунад. Бо ў баробар нашав.
Бародарони Убайда њам аз ин кор дар њайрат монданд. Њамаро даъвои Акобир зиќ кард. Вале мардум ба ин воќеа њам њар хел бањо дод:
- Моли кас насиб намекунад.
- Аз худат намон.
- Бутата – метата, натата – њич наметата.
***
Дар њоли писарак Эхсон дигаргуние ба вуљуд омад. Ў бе ягон сабаб зиќ шуда гоњо таб мекард. Гоњ сардард мешуду гоњ гулўдард. Убайдаи дуљон њам зиёд бетобї мекард. Маълум буд, ки аз чизе дар њарос мондааст. Толиб гирди њарду парвона шуда, мекўшид, ки аз њар як хоњиши дили ў худаш огоњ шаваду онро иљро кунад. 
Як бегоњ Толиб аз кор омаду Эњсонро дар дами дарвоза надид. Бо њайрат пурсид:
- Писари ман ку?
Хоњараш Бунафша оромаш кард:
- Таѓояш ёд кардааст, ним соат пеш омада бурд. То ош хўрдани шумо худаш гирифта меорад. “Галупси” тайёр. Дадем њам шуморо интизор, ки њамроњї кунед.
Толиб њарфе нагуфту ба хонаи падар гузашт. Вале иштињояш наомад. Падар њарчанд аз дур гап сар карда, оид ба мењри самими падару фарзанд њикоятњои пандомўз сар кард, ба дилаш наѓунљид. Луќмае ба дањон гирифту бархест. Дар дањлез бо хоњараш рўбарў омад.
- Чаро нахўрдед?
- Эњсона оварданд? – ба љойи посух савол дод ў.
- Ња, аллакай дар хона.
- Барои чї пеши ман наомад?
- Хобаш омадааст... камтар ѓаши хоб дорад...
- Не- е...
Аз дилаш гузашт, ки аз ў чизеро пинњон медорад. Њадања ба хонаи хоб даромад. Кўдак “њиќ- њиќ” нолиш мекард, аз таби баланд сурх гашта, базўр нафас мекашид. Толиб базўр худро аз ѓазаб дошт. Вале бо дуруштї гуфт:
- Рањмат! Фањмидам, махсус кардед, ки ман хўрокамро “беѓурбат” хўрад”. Вале ин гуноњи шуморо ман намебахшам. Ба духтур нишон додед?
- Ња, -  гуфт бо тарс занаш.
- Кї дид?
- Зарина.
- Вай духтур нест, “њамшираи уколкунак” аст!
- Имрўз шанбе, духтур ба шањр, ба маљлис рафта будааст.
- Уф... Ў сањарї дар оши нањор буд...
Толиб дигар њарфе назад. Писаракро бардошту равон шуд.
***
Пас аз лањзае мошини Толиб дар назди бемористон истод. Духтури бачањо банд буд. Ба назари Толиб њар сония баробари як аср тўл мекашид. Кўдаке нолиш мекард. Модаре шеван мезад:
- Чї кор кунам, духтурљон? Отеш намефањмад, ки ин кўдак аст. Маљбураш кард, ки “мебахшї” гўяд. Лекин кўдак якбора хап кард, гапа намефањмад. Бо лаѓадаш зад...
Дили Толиб аз шунидани ин сухан тањ кашида ба чунин падар нафрат хонд. Ба ёдаш чанд манзараи даѓалии волидон расида оњи сард кашид.
- Ин чї падарї? Чї тавр инсон ба фарзанди худ чунин берањмї мекунад?
Дар навбати духтур боз як писари дигар буд. Толиб Эњсонро бардошта,  аз назди тиреза дуртар нишаст, ки аз љойи шамолрав панањ кунад.
Аз дари кушода манзараи дафтари кории духтур аёнтар шуд. Дар назди духтур бачаи тахминан 12- 13 – сола њамроњи модараш нишаста нолиш мекард, ки аз хар афтода, пояш майиб шудааст. Вале њангоми соли таваллудашро пурсидани духтур маълум шуд, ки ќариб 16- сола аст. Модар бачаашро таъна мезаду бача ба оча адоватомез нигариста даѓалона њарф мезад. Очаи сарсонаш коњиш кард:
- Нўњта бача калон карда, ин хел бадфеълу гапнодароша надидам. Як кора то охир расонда наметавонад. Аз хар ѓалтида андак пояш ќарс хўрдаасту ќиёмат кард.
Пизишки хаста намедонист, ки аз муолиљаи писар оѓоз кунад, ё аз насињати модари ў. Дар аввал хост модарро оромтар созад:
- Чї илољ, апа. Бача – бача аст. Якташ хуб мешавад, яктааш бад. Њандалак аз як палак, лекин њамааш бомазза намебарояд. Шукри додааш. Бузургон гуфтаанд: «Фарзанди нохалаф чї гуна бошад? – Чунон ки ангушти шашум: агар бибуранд, дард кунад ва агар бигузоранд, айб бувад».
Бачаи аз дарди пой гирён асабонї шуда, гила сар кард:
- Расия мерам!  Акама гўен, мана Расия  барад, - 
- Акаат гуфт, ки то 18- сола нашавї, туро ба кор намегиранд.
- Њамаи ин бањона. Дар он љо ба кор намегиранд, лекин дар инља аз каллаи сањар то ними шаб хар воре мељунбам. Акањом аз кори хона гурехта рафтанд!
-  Ношукрї накун, бача, ки …
Вале бача гўш намекард.
- Пурсед, ки ман мактаба ба серї дидаам?
- Чї, мактаб намеравї?
-  Не. Мераму, пешам нарасида, ќафоям гашта меояд.
Оча хост ба таври худ шарњ дињад.
- Танбал, ки шудї, чї мешї? Дар синни соли ту акањот бузкашї мекарданд, ту як хара ўњда карда натонистї.
- Э, оча, тоќатам тоќ шуд! – инон аз даст дода нолиш кард бача. – Мана хар напартофт, худам аз беќувватї афтодам! Љигарам об шудааст, мисли бобои Шокир миёнама рост карда наметонам! Гўй, ки мана Расия баранд.
Оча тањдиди сахт кард:
- Мезанам- та, бача, хап ку…
Духтур дид, ки намешавад, ба модар фармуд:
- Апа, шумо вазнин шавед. Ин – ку, тасп дорад, љонаш дард мекунад.
- Ѓайри ин хар боз се кўдака дар хона монда омадам…
- Дигар бача ё духтари калон надоред?
- Не…
Модар лаб газид. Писар посухи ўро «пурра» кард:
- Чї хел не? Ду апама дар 16- солагишон шў доданд, ки халос шавем. Ду  акама худашон ба Расия равон карданд, ки њамроњи отам кор карда, сум равон кунанд. Акаи сеюмам худаш гурехта рафту гову бузу харбония ба ман партофт. 
- Ношукрї накун, бача. Онњо сум мефиристанд, ки ту дар мактаб хонї.
- Аз сумашон њам безор, аз хондан њам. Дарси якуми ман – оѓилтозакунї, дарси дуюм – обу алафдињї, дарси сеюму чоруму панљуму шашумам – бузбонию бо хар алафкашонї; баъд дарси иловагї сар мешавад:  обу алафдињї ба мол. Хайрият таппака худашон бо хоњарчањо мекунанд. Ана илми ман чї хел аст! Бо ин илм дар куљо мехонам? Чї мешавам?
- Хоки хунук мешї! Пеши духтур мана шарманда накун, -  оташ гирифт оча. – Заб кор мекардаї. Бе ту њам кори хона буд мешавад…
- Бе ман, ки кори хонат буд шава, мана Расия барен…
Духтур маљбур шуд, ки ба корњои оилавї «мудохила» кунад:
- Шумо, апа, равед, аз пайи кўдакњо шавед. Ин йигита ренген мекунем. Маълум, ки пояш љаѓидааст, камаш як њафта мехобонем, ки андак ба худ ояд. Баъди он, ки устухонњояш часпид, ягон њамдењаи мошиндоратон пайдо шавад, худам хоњиш савор карда ба хонаатон мефиристам.
- Эњња, гову бузњо чї мешавад?
- И- и- и- и, њозир гуфтед, ки ин бача бекор мегардад… - изо дод духтур.
Модар аз гуфтаи худ пушаймон шуд…
Толиб ин њамаро шунида, манзарањои дењаи худаш пеши назараш омад. Беихтиёр кўдакони ояндааашро тасаввур кард, ки онњо харобу хастаанду бо хар алаф мекашонанд. Бо ќатъият ба худ гуфт:
- Не, фарзандони ман ин хел намешаванд… Эњсон њам… Ба њељ кас намедињем…
Духтур ба панљоњ сомонии пешаш гузоштаи Толиб ањамияте надода, кўдакро муоина кард. Сипас ба њамшира фармуд, ки зуд барои санљиш аз ангушташ хун гиранд.Ва;те њамшираи шафќат ќоѓази санљиши хунро овард хулоса баровард, ки стафилоккок шудааст, ба утоќи љарроњ; баранд.
- Оператсия мекунед? – бо тањлука пурсид Толиб.
-  Найча мешинонем. Зардоби атрофи шушро кашида мегирем.
Ин лањза њамшираи шафќат омада хабар дод:
- Утоќи љарроњї тайёр, лекин хуни гурўњи якум нест.
Духтур ба Толиб рў овард:
- Барои интиќоли мустаќим хуни гурўњи якум ёфта овардан лозим.
_Ба гумонам, хуни ман якум. Месанљед?

Эњсону Толибро дар утоќи љарроњї хобонданд. Хуни Толиб ќатра- ќатра ба таври мустаќим ба шарёни Эњсон ворид шудан гирифт. Љарроњї ќариб 20 даќиќа давом кард. Ва тайи ин муддат хуни Толиб ба тани сардгаштаи Эњсон љо шуда, ба љисму љони ў дармон бахшид.
***
Суди ноњиявї њам барпо шуд. Аммо судя тарафи Акобирро нагирифт. Ба гапи сад бор такрор кардаи ў  -  “Ин писар аз хуну вуљуди ман аст”, судя бо њазл гуфт, ки ана гувоњномаи духтур -  дар рагу дили писарак хуни Толиб њам њаст. Акобир ба судя њам тањдид кард, ки “туро падставит мекунонаму албатта ба мањбас мекашам”.
Акобир аризаашро ба суди вилоятї бурд. Кашокаш аз нав сар шуд.

***
Ин дафъа Акобир пинњонї омада, аз дур наззора кард. Нињоят дид, ки Эњсони ў њамроњи бачањои гузар тарафи сањро баромаданд. Манзараи хуше буд. Болотар ёлањои сарсабз касро ба худ мекашид. Чанд рўз пеш боронаке борида, ба майсазори поёни дења ављи тоза дод ва кўдакон гўё дар рўи ќолини гулпўш давуѓељ мекарданд. Сипас ба бозии “Чилик- дангал” сар карданд. Ин табъи дили Акобир шуд. Аз мошин халтаи пури селофаниро гирифту аз пайи онњо рафт. Болои дарѓоти селбур љой гирифтанд. Ваќти сел вай дарёи дамон мегашт, вале њоло обаш хеле кам шуда, танњо наздики дарѓот як кўли хурдакаки сунъї ташкил медод. Акобир ба њама ќандак дод.
Бача- бача аст, ваќте ки ба Эњсон њам ќандак дода, сари зонуяш шинонд, ў рад накард. Акобир гапро аз дур сар карда, ба майнаи атфол зањр задан гирифт.   
- Кадоми шумо дада доред?
Ѓайр аз ду кас њама даст бардоштанд. Дили Акобир аз он ѓиљим шуд, ки Эњсон њам даст бардошт.
- Кї дута дада дорад?
Азими таќрибан њаштсола даст бардошт.
- Ман. Якта дадам зани дигар гирифтагї. Ман шўйи очама дада мегўям.
- Њм... Шўйи очат чї мегўяд?
- Мана “какан” мегўяд, “љони каканат барояд” мег;яд. ;ама кораша мекунам: мошинаша мешўям, ба бузњо алаф медињам, лекин мезанад.
- Ана њамту, бачањо, – хулоса кард Акобир. -  Саѓира њамин тавр хор мешавад. “Какан” њаќорати сахттарин аст. Худо гўед, ки аз дадаи худатон људо нашавед. Дада  шуморо хор шудан намемонад. Камтар љанг кунад њам, сахт намерасад.   
Бачањо бо аломати тасдиќ сар љунбонданд.
- Шумо медонед, ки ман дадаи Эњсонљон мешавам...
- Не - е. Дадаи ман  Толиб...
- Не - да. Ба Толиби безурёт ту какан, ўгай. Туро какан гуфта, њаќорат мекунад...
- Не, ягон бор мана љанг накардааст.
- Барои он, ки њоло худаш писар надорад. Ваќте очаат нин; мекунад, баъд туро мезанад, какан гуфта, кори сахт мефармояд, ба кўча мепартояд.
Ин гап ба дили кўдаки к;чак мисли тир халид. Писарак аз тарси чунин ояндаи сахт рамида њиќќос зад:
- Гуфтанд, ки чанд рўз пас нинї меояд... 
- Бадбахт мешавї. Лекин ту зиќ нашав, ман њастам, падари ту манам, намемонам, ки ту хор шавї. Мехоњам њозир ба шањри мо равем. Љойи мо зўр, чор тараф боѓу роѓ. Дарёча њам дорем, њардуямон отаю бача бо катамаран шино мекунем. Лекин шўйи очет намемонад. Ба наздикї ман туро бо суд халос карда мегирам. Фаќат ёрии ту лозим: фардо амаки бурутдор -  судя аз ту мепурсад, ки падарат кист? Ту гўй, ки дадаи ман – Акобир аст. Ва ман њамроњи дадаи худам – Акобир меравам.
- ...
***
Эњсон ду њафта боз дамдузд гашта, рўзњои охир таб дошт.
Дарави гандум сар шуд. Њосил фаровон буд, њама овора гаштанд. Майдони дарав нисф нагашта,  чашми Убайда равшан шуд. Писарчае ба дунё овард. Ањли оила, њама шод, дар ташвиши мењмони наву саришта кардани гандум ду таќсим шуданд
- Бутата – метата... Худо бигу, бутата... – њатто Апалоќ хам шодї кард.
Аз ќазову ќадар буд, ё аз асабишавињо дар суд ё аз тањдидњои Акобир, ки Убайда ваќти таваллуд хеле азият кашид ва њарду дидагонаш нобино гаштанд. Пас аз њафтае Толиб занашро боз ба духтур бурд, ки бори дигар чашмонашро санљанд...
Эњсон аз дилу љон мехост кўдаки навзодро бубинад, аз ў људо шудан намехост, њар лањза сад бор бўсааш мекард. Вале бибияш, ки аз нобино шудани келин дар ташвиш буд, бо мулолиматї аз Эњсон хоњиш кард, ки берун рафта бозї кунад. Зани њамсоя, ки бо бањонаи ёрї додан, вале аслан барои чаќ- чаќ омада буд, даѓалона талаб кард: “Э, буро, саѓераи шумшук, дар кўча бозї карда гард”.
Бори аввал Эњсонро ба кўча ронданд. Ё суханњои Акобир, ба ёдаш омад, ё аз он, ки њама ўро фаромўш карда, ба кўдак часпиданд, рашки кўдакона ба навзод пайдо шуд, ё аз он, ки бори аввал ба ; чунин муомилаи да;ал карданд, таби ; баланд шуд. Ноилољ ба кўча баромад, набераи њамсоя -  Ањмади панљсола њам зиќ шуда нишаста буд. Њамроњ назди кўлча омаданд. Обро дида, гуфтањои Акобир чун дар фиттаи садобардор такрор ба такрор дар гўши Эњсон садо додан гирифт:
-  Ту какан, бачаи ўгай. Ба наздикї очаат нинича мекунад. Вай бачаи Толиб мешавад. Ана баъд туро љанг мекунад, мезанад, какан гуфта њаќорат мекунад, ба кўча мепартояд... Ман туро ба шањри худамон мебарам. Мо дарёча дорем, оби калон дорем, њардуямон шино мекунем...
Ањмад хоњиш кард, ки “Чилик- дангал” бозї кунанд. Эњсон ўро нашунид.  Пеши назараш дарёи обаш каб- кабуд пайдо шуд, ки дар он мисли мултфилмњои дидааш киштичањо њаракат мекунанд. Дар хаёлаш яке аз киштичањо пеши ў омада истод. Даричаи онро Акобир кушод. Саломи низомї дода, бо табассум даъват кард:
-  Эњсонљон, очаат нинича кард, туро акнун ба кўча партофтанд... Биё бачем,
Писарак љониби кўл ќадам зад...
Ањмадак, ки аллакай дар боло буд, бо лафзи кўдакона фарёд зад: 
- Э - шон, куљо лафтї? Ишто...
Эњсон наистод. Рафт. Љониби падар, љое, ки ўро дўст медоранд ва ќаиќчаи зебо дар кўли обаш шаффоф интизори ўст... Бе сухан ба об даромад ва дар кўле, ки бару дарозиаш аз 18- 20 метр зиёд набуд, бе ягон њарфи имдод ё таассуф нопадид гашт.
Ањмадак чун дид, ки аз Эњсон садое наомад, бо аќли кўдаконаи худ дарк намуд, ки мусибате рух дод, поп;шии дар лаби об мондаи Эњсонро гирифту љониби хонаи Толиб давид. Он љо њама ба кори худ овора буданд. Кўдаки навзод мегирист, бибї барои ором кардани ў дармонда буд.
Ин дам Толиб Убайдаро аз бемористон оварда, аз мошин фаровард. Пизишкон фањмонданд, ки табобат фоида надорад, муолиљаи дурудароз лозим...
Толиб дар дасти Ањмадак попўшии Эњсонро дида, њайрон шуд.
- Ака, Эњшон ба об лафт- у шланшињоша монд. – ним;урма гуфт к;дак.
- Дар куљо!? Дар кадом об?!
- Дар оби селбур...
Убайда бехуд шуда, ба девори хона такякунон ба замин нишаст:
- Э, вой дод! Бачекам чї шуд!?
Толиб љониби кўл давид.
- Ё худољон! Ё паямбар!
Аќли њељ кас намегирифт, ки дар ин лойобаи кўчак њам касе метавонад ѓарќ шавад. Толиб худро ба лойоба партофт. Љасади бачаро бардошта бо сад зор; аз худову пайѓамбар љониби роњи калон давид. Аз ѓиреви модар њама бохабар шуда ба кўча баромаданд, Толибу Эњсони рўи дастони ў хобидаро дида, гиребон доштанд.
Толиб омадагонро аз сари роњаш дур кард. 
- Истед, ба духтур мебарам...
Падар бо алам гуфт:
- Вазнин шав, Толиб. Худатро ба даст гир. Кори намешудагї шуд...
Вале Толиб касеро на медиду на мешунид. Бо њазор умед кўдакро ба бемористон бурд. Сухани духтурњо низ ба гўшаш намедаромад.
Бобо Камол њам расида омад ва бо дасти тавонояш кўдакро гирифт.
- Додарам, ин бечора, кайњо љон додааст...
***
Як њавлии пур аз хандаву шодї кўдаки дўстрўякро аз даст дода, фавран дар назари мардум дар лањза ба фољиагоњ табдил «мурдахона» ном гирифт. Ањли дења љамъ шуданд. Касе ба ёд овард, ки сарбанди селбур чанд сол љони одамонро халос кард, вале сой дар селњои њарсола одамхўр шуда буд, барои њамин дар он афтодани писарак мувофиќи ким- кадом ќонуни нонавиштаи табиат аст. Њасанак њам баробари њамсояаш мотам гирифта буд. Махсуми Тешахон омада, дуову фотења хонд, аз оятњои Ќуръону њадиси пайѓамбар гуфта, ба сабру тамкин даъват намуд. Ин маъвизањо дар фазои маѓшуши хона як чизи бенињоят зарурї менамуд. Ва аз ин сўњбатњои нарми мулло кам- камак хона ба пиндори аввалаи одамон баргашта, ин фољиа чун як њодисаи ногувор, вале муќаррарии рўзгори инсон талаќќї ёфта, дар дили онњо як эњсоси њамдардиву ѓамшарикї, њамсоягї ва њамдењагї пайдо мекард.
Ѓиреви занњо аз хона баланд шуда, фазои њавлию тамоми дењаро пур кард.
- Аллоњу акбар!
- Салоти љанозаи мўъминро дарёб…
Љамоа чун сели дамон равон шуд.
***
Акобир боз ба суд аризаи даъвогї пешнињод кард. Вале судя ин дафъа аризаашро беасос хонда дарронда ба рўяш туф кард. Даъвогар тањдид кард, ки ба вилоят аз болои ў шикоят мекунад. Судя ба чашмони ў рост нигариста гуфт:
- Шарм дор. Кўдакро ту куштї. Инро тамоми бачањои дења тасдиќ мекунанд. Милисионери дења Камол Комилзода инро худаш омўхта, аз болои ту ба суд, милитсия ва прокуратура ариза пешнињод кард. Пас аз тањќиќи парванда ту ба саволњои муфаттиш посух медињї...
Вале парвандаро хобонданд. Падари Толиб гуфт, ки рўњи писаракро безобита накунанд. Кори намешудагї шуд. Шояд Акобир њам аз мењри падарї чунин кард...
***
Толиб ба сари манзили писар санги мармар гузошт. Акобир дар бари он боз як санги хотира гузошт. Њар кас, ки онро мебинад, гиребон дошта, тавба мекунад. Навиштаљоти њарду -  ном, санаи таваллуд, санаи фавт як хел, фаќат насабаш дигар: якумї “Эњсонљони Толиб”, дуюмї “Эњсонљони Акобир”. Мардум ин њолро дида, тавба мекунанд. Мегўянд, ки аз њамин кашокашњои Акобир писарак чашмзахм дида, нобуд шуд, дар гўр њам ором намемонанд...
***
Акобир боз ариза  навишта ба марказ бурд. Вале кор то Суди олї нарасид. Ў дар як парвандаи овозадори гурўњї даст дошта, тавассути ёвари сардор ба “Љип”- и корхона алакай соњибї карда буд. Вале ќонеъ нашуда, аз ёвари раис барои аз парвандаи љиноятї баровардани номи ў боз ришва пурсид. Ваќти гирифтани ришва ба даст афтод...   


Рецензии