Хасрати Зардушт романи таърихи

ПЕШГУФТОР
Таърихи ниёгон њамеша њар як соњибњушро ба худ мекашад ва аз овони бачагї вожањои Ориёно ва Зардушт чун афсонањои зебо ва гузаштаи дури шигифтангез моро ба худ љалб мекарданд. Вале дастрас набудани маводи аслї ва гуногунии мавќеи пажўњишгарон дар соири масъалањои он замонаи дур аз мо иљрои амали љиддиеро ѓайриимкон мегардонданд. Пас аз Истиќлоли давлатии Тољикистон ин кашиш пурзўртар, маводи зиёде нашр ва дастрас шуд, махсусан нашри китоби гаронмояи Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Шарифович Рањмонов «Тољикон дар оинаи таърих» ба мо илњом ва љуръат бахшид, ки дар болњои бозёфтњои илм озими он замонаи каронаманд шавем. Инчунин бо эњтимоми сарвари давлати тољикон бо хати сирилик  ва порсии равон нашр шудани худи китоби ќадимтарини инсоният «Авесто» барои сайри он љањони аљиб имкони хубе дод. Ва чун бо ин китоби нодир ва осори гаронмояи ниёгон—таронањои осмонии Зардушт шинос шудем, бузургтарин ганљинаи маънавиро дарёфтем.
Китоби нави Эмомалї Шарифович Рањмонов «Тољикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» пардаи гарони фаромўширо аз ин падидаи муњимтарини таърихї бардошт, уќдањои асосии мављударо кушода, мавќеъ, рисолат ва манзалати ниёгонро муайян намуд, барои офаридани дањњо филмномањо, ќиссањо ва достонњои њунарї њидоят кард ва ба мо љуръату илњом бахшид, ки ба симои абармардони таърихи башар, фарњанги заррини ориёї рўй оварем.
Бо маќсади иншои њамосае, ки тавонад китоби хубе барои хондан ва дар нињояти кор асоси достони синамої низ шавад, мо ба омўзиши маводи таърих пардохта, нахуст ба мавзеъњои иќомати кунунии парастандагони маздаясно - Љумњурии Исломии Эрон ва Љумњурии Њиндустон сафар кардем ва бо эшон аз наздик шинос шудем. Азбаски дар њар як падидаи дерин ва кеши дерин аќидаву мавќеи пажўњишгарон гуногун аст, мо дар мувофиќат ба чанде аз онон пайроњаи худро муайян намудем. Пеш аз њама нуктањои асоси китоби Э.Ш.Рањмонов «Тољикон дар оинаи таърих» рањи моро муайян кард:
«Авесто» гањвораи овони тифлии ниёгони мост, ки бо суруду тарона, њамосаву мунољот, дуруду паём, тавбаву надомат ва ситоишу ниёишаш чун аллаи модар ва падидањои нотакрори лањзањои кўдакї басо ширин ва хотирмону ибратангез аст. «Авесто» нахустин ќомуси тамаддун ва аввалин ганљинаи фарњангии ориёињои шарќї – саромадони тољикон аст, ки аз саргузашту сарнавишти обову аљдоди мо дар давраи фарорасии рушду нумўи маданият ва падид омадани нахустин нишонањои халќияти тољик башорат овардааст.
Халќи тољик  бо вуљуди меросбару меросдори «Авесто» будан боре њам дар тўли таърих аз бобати ба сарзамини тољикон ва миллати тољик мансуб будани китоби муќаддаси «Авесто» бањс накушодааст. Бањс кушодан њам ба натиљае намеорад. Зеро «Авесто» хоњу нохоњ дигар ба ошёни тифлиаш бознамегардад. Мисли тифли кўчаке, ки кайњо ба камол расидаву гањвораи кўдакї барояш тангї мекунад.
Њукми табиату таърих низ чунин рафта, ки њам сарчашмаи табиї ва њам сарчашмаи маънавї барои шодоб намудани ташнакомон офарида шуданд. Нахустин ќомусномаи љањон, нахустин китоби зарнавишту дини мукаммали олами мутамаддин, нахустин њамосаву сурудањои беќаринаи њазорсолањои дур - «Авесто» - и љовидона, дигар дар ќолаби сарњадњои кўчак намеѓунљад, зеро њама гуна садду монеа ва њудудњои сунъиро шикаста, кайњо ба уќёнуси тамаддуни љањонї омезиш ёфтааст.
 «Авесто» ќомусест, ки аз даврони валодат то дами марг ниёгони моро рањнамої мекард. Барзгарон суруду оятњои «Авесто» дар лаб бар замин дона мекиштанду бо мурод медуруданд,  соњибони чорпову сутур аз эзидон нигањбонї ва афзудани рамаву галањояшонро таманно мекарданд, њунармандону косибон олињањои муќаддасро бар тани гилу гаљ ва тилловору фулузот тасвир намуда, аз рўњи онњо ёвариву мададгорї мељустанд; сарлашкарону сипоњиён гимнњову њамосањои љангї бар забон ба душман њамла меоварданд ва аз эзидон фатњу зафар мехостанд, подшоњону тољварон бо тавбаву надомат худро ба паноњи Худои ягона Ањурамаздо супурда, тинљиву осоиши мулкро металабиданд, мўбадону коњинон аз панду њикматњои ин китоби Муќаддас ваъз гуфта, пиру љавонро сўи тариќати гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек  њидоят менамуданд. Ва кулли пайравони тариќати зардуштї вабаста ба расму оин дар давоми солу моњ ва њафтаву рўзњои муќарраргашта ба оташкадаву маъбадњо ва пойгоњњои муќаддас рафта, ба шарафи Ањурамаздо ва эзидони ёвари вай назру ниёз мекарданд, мурод металабиданд, кушоиши кор мехостанд.
Бузургтарин савоб дар суннати «Авесто» ва дар суннати то имрўз зиндаи миллати тољик об додан ба ашхоси ташнаву афтодањол аст. Бигузор «Авесто» бо суннатњои волояш ташнагии ташнањолонро бишканад ва худо кунаду ба савоби он миллати љафокашидаи тољик низ шарик бошад»  (Аз китоби Э. Рањмонов.  «Тољикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён») .
Мавриди зикр аст, ки дар ќомуси шинохташудаи таърихи ниёгон - китоби академик Бобољон Ѓафуров «Тољикон» аксари нуктањои чигил кушода шудааст ва мо пас аз сайри таърихии худ сад дар сад бо он мувофиќ омадем. «Далели шахсияти таърихї будани Зардуштро  исботшуда шумурдан мумкин аст. Ў мураттиби «Готњо» аст ва дар онњо шахсияти ў њамчун таблиѓотчї, одами зинда ва мубориз ба таври равшан аён мегардад. Сонитар, дар «Хурд-Авесто» Зардушт њамчун шахси асотирї пайдо мешавад… Таблиѓоти Зардушт ба муќобили пешвоёни ќабилавї ва мубадони дини пешин, ки ќурбонињои зиёди хунинро тарѓиб мекарданд, равона карда шуда буд. Ба таври одилона ва холисона шаклњои пешќадами хољагидориро тарѓиб намуда, ба муќобилат кардан ба задухўрдњои љангиву ѓоратгарона, ки ягона  маќсадашон ба торољ бурдани чорпоён буд, даъват намуда, Зардушт ситояндаи худои ягона АњураМаздо гардид... Аз байни хусусиятњои асосии зардуштия, ки ба даврањои мухталифи инкишофи он хос буданд, инњоро људо кардан мумкин аст: 1) дар шаклњои аввалини зардуштия тамоили монотеистї (яккахудої), ки дар ибодат ба худои ягона Ањура Маздо  (Урмузд, Њурмузд) ифода ёфта буд, ба назар мерасад; 2) дуияте, ки аксаран онро ба ахлоќ ва одоб нисбат медињанд ва он аз муќобилагузории ду мабдаи доимии муљаррад Некї ва Бадї  ва ё Рост ва Дурўѓ таркиб ёфта буд, сарвари ќуввањои Некї (ростї, адолат, рўшної ва ѓайра) худои бузург Ањура Маздо, сарвари ќуввањои бадї (дурўѓ, торикї, ва ѓайра) эзиди бад ва душман Ањра манйу (дар навишти авестої Ангро Майну, баъдтар Ањриман) мебошанд. Муборизаи ин ду ќувва асоси пешрафти љањонро ташкил медињад. … Дар «Готњо»-и Зардушт Ањура Маздо на танњо худои ягона аст: ў на танњо худоёни дигарро раду инкор мекунад, балки ба љои онњо амал менамояд…. Маќоми инсон дар зардуштия аз рўи консепсияи оид ба иродаи озод, ки дар «Готњо»-и Зардушт асоснок шудааст, муайян мегардад. Инсон некї ва ё бадиро худ интихоб менамояд ва амалиёти ў дар рафти муборизаи љањони мабдањои неку бад ањамияти њалкунанда дорад. Вазифаи асосї зиндагии одилонаи аз тарафи дини њаќ муайян гардида ва «андешаи нек», «гуфтори нек», «кирдори нек» буданд, ки тавассути онњо инсон бо бадї мубориза мекард. Зиёд кардани боигарињои моддї (ки Ањура Маздо ва ё рўњи муќаддас барои инсон офаридааст), яъне машѓул шудан бо чорводорї ва кишту кор, яке аз василањои мубориза бо ќуввањои бадї дониста мешуд. Мањз дар ќадимтарин ќисми «Авесто» даъват ба мењнати дењќонї инъикоси тасаввурот ва афсонањои халќї ва ѓайра дида мешавад. Вале «Авесто» дар сурати мукаммали имрўзї њамчун асари даврањои хеле баъдина ба назар мерасад, даврањое, ки таълимоти зардуштї муќаддас ва ќонунї эълом гардида, ба дину оини давлатї, ки њокимияти подшоњро парастида, њукмронии ашроф ва рўњониёнро бар оммаи  мењнаткаш раво медонист, табдил меёбад».   
Дигар аз масъалањои нозук сирф шахсияти динї, вахшури эзадон будани Зардушти Спитмон ва масъалањои роиљ ба илми диншиносї буд. Хушбахтона, дар мулоќотњое, ки дар давоми сафарњои хеш бо донандагони асили ин соња доштем, мавќеъњои мувофиќ дарёфтем. Аз он љумла, ќоим њастем бар ин аќидаи устод Фаридун Љунайдї, ки гуфтаанд: «Имрўз ба таљдид намудани дини зардуштї њољате нест. Маќом ва таъсири ахлоќиву маънавии таълимоти Зардушт барои мардумони њама замонњо равшан аст. Вале чун фарњанги бостон, љанбањои ахлоќиву маънавии Эрони бостон ёдгории он замонаи дур — «Авесто»-ро омўхтан зарур аст, ки барои њамагон басо судбахш хоњад буд. Зардушти Спитмон умре худованди яккаву ягонаро љуст ва ба неруи хирад ва дониш онро дарёфт. Китоби сурудњои осмонии Зардушт ёдгори беназири фарњангии давраи туфулияти инсон аст».
Дар хусуси моњияти амалию назариявии кори Зардушт мавќеи мубади мубадони Эрон, дуктур  Ардашери Сипењрї басо аљиб аст: «Ашу Зардушт дар љустуљуи худо буд ва худованд бар ў вањй расонд. Ин ба он далел аст, ки аз замони зиндагии ў се-севуним њазор сол мегузарад, аммо бисёр гуфтањои ў то њол сухани нав, зикри бикр аст. Агар инсоният њамагї 50 сол ќабл барои эњтиёт кардани табиат таваљљўњ карда бошад, њанўз 30-35 садсола пеш Ашу Зардушт барои тозагии обу хоку боду оташ талошњо мекард. Мавзўи озодии зан њам дар Аврупову Амрико дар давоми сад соли охир зикр мешавад, аммо озодии мардумон, аз он љумла занон, мавзўи хоси таълимоти Ашу Зардушт буд. Имрўз њам даъватњои Ашу Зардушт барои покизагии љисм ва рўњи одам муњим аст».
Гуфтањои  Мењрони Ѓайбї, мубади шањри Кирмони ЉИЭ низ љавоби аљибе ба њангомаљўён аст: «Бисёр ваќт мепурсанд, ки чи тавр нуктањои муњими таълимоти Аша Зардушт дар замонањои дигар дар адёни дигар такрор мешавад? Љавоби сањењ ин аст, ки Худованд яккаву ягона аст ва Ашу Зардушт яке аз нахустин пайѓомбарони ўст ва Худованди яккаву ягона наметавонад ба пайѓомбарони минбаъдаи худ таълимоти дигаргунае бахшояд, Ў ба њама расулони худ як маъниро мегўяд».
Пажўњишгари тавоно М. Маѓдам дар ин мавќеъ даќиќтар гуфтааст: «Агар достони андешаи одамиро арзишест, Авесто пояи баланде дар ин достон дорад. Авесто куњантарин љўяндагии маънавиро дар бар дорад ва аз нуфузи беандозае, ки дар худошиносии яњудї ва масењї дошта, дар пардохти дин  ва сохти сарнавишти одамон асари буррандаву корї дорад. Њаргиз касе ба њељ забоне баландии шигарфи ин куњантарин тиккањои Авесто (Готњо)-ро рад накардааст. Куљо дар фикри одамї чунин баландиву шукўње ёфт шавад?»
Аз пажўњишњои устодони соња, албатта, ва пеш аз њама сањми бузурги устод  Иброњим Пури Довудро зикр мекунем ва барои мо мавќеи мењанпарастонаи ў басо муњим аст:  «Достонњову ёдгорњои куњани фарњанги мо њарчи њаст, зоидаи зиндагии ќавми мо ва парвардаи сарзамини мо ва намудори сиришти ниёгони мо ва росттарин гувоњи баду хуби падарони мост. Агар бад буданд, ё хуб, агар тангдилу тангдаст буданд ё родмарду кушодадаст, агар пањлавону далер буданд, ё тарсу ва буздил, агар бузургманишу озода буданд ё гадоманиш ва дарвеш, њамаи ин зишту зебоњо аз њамин достонњо њувайдост ва бењтару равшантар ва бетарафтар аз таърихи воќеии Эрон ва мардуми ин кишвар аст.»
Шогирди собитќадами ў, муаллифи гузориш ва пажўњиши нашри китоби Авесто ба њарфи сириллик доктор  Љалили Дўстхоњ бар гуфтаи устоди хеш чунин афзудааст: «Бахшњои маљмўаи Авесто гўётарин намоишгоњи фарњанги бостонии мост, ки њар кас дар њар асре ва ба далеле чизе дар он ба ёдгор гузоштааст ва мо  имрўз њамаи онро бо вуљуди ноњамоњангињое, ки дар миёни порањо ва бахшњои он ба чашм мехурад, дар баробари дидагони худ дорем. Бар мост, ки ин мурдареги ќуруну аъсор ва ин куњансолтарин ёдмони ниёгонамонро бо њавсалаву диќќату бурдборї ва озодманишї ва ба дур аз њама гуна пешдоварї ва яксўнигарї мутолиа кунем ва дар он ба пажўњиш бипардозем. Дар усули ахлоќиву мазњабии пешнињодкардаи Зардушт кашмакашњои эзадон ва девон як набарди њамешагиву бунёдї миёни неруњои некї ва бадї дармеояд. Зиндагии њар яки гаравандагон ба оини Зардушт пайкоре дарунист, ки бояд бар онњо пирўз шавад ва ин кашмакаш бахше аз љанги азимест, ки аз азал миёни ду равон —некї ва бадї оѓоз шуда, то абад давом хоњад дошт. Аз он чи гузашт, метавон натиља гирифт, ки омўзишњои бунёдии Зардушт саросар дарси андешаву фалсафа ва дастури зиндагии амалии одамиён аст ва бо он чи дар бахшњои Авастои нав мехонем, тафовути асосї ва гавњарї дорад. Њам аз ин рўст, ки дар «Гоњон» њељ сухане аз мўъљизаву каромот ва корњои хориќи одат ва хурофоту мавњумот ва ќурбонињову назру ниёзњову ниёишу парастиши гурўњи анбўњи эзадону худоён ва Амшоспандон ба миён намеояд ва фарњангпажўњиву гузиниши озодонаи роњи Аша ва некиву кўшиш барои пешрафту ободонии љањон аст».
Њангоми шиносої бо таърих ва наскњои алоњидаи Авасто мушкилоте пеш омад, ки ѓайри Готњо дигар ќисматњои Авесто хеле зиёд таѓйир ёфта, бисёр нуктањо мухолифи гуфтањои нахустини вахшури ориёї баромаданд. Вале пажўњишњои мутафаккирони љањон дар ин љода њам рањи моро равшан намуданд. Аз он љумла, пажўњишгари порсиёни Њинд Љ.Љ. Моди фармудааст:  «Вандидод», ки аз гузаштаи бостонии бисёр дур ба таври комил ба дасти мо расида, танњо китоби динии маздопарастон аст, ки мўњтавои умдаи онро ќонуни љазоии Эрони Бостон ташкил медињад. Вуљуди чунин ќонуне дар Эрони куњан нишон медињад, ки эрониёни он рўзгор чандон аз милоку меъёри тамаддуни асри љадид дур набудаанд… Пажўњиш нишон медињад, ки эрониён то чи андоза ба озодиву њуќуќи фардии инсон эњтиром мегузоштаанд, ворид овардани камтарин газанде ба тани одамї ба шиддат нораво шумурда шудааст... Њар гоњ љараёни таърихро се њазор сол аќиб бозгардонем, дар таркиби ќонуни созмонњо ва нињодњои Эрони бостон бисёре аз чизњои шигифтиовару ситоишангез мебинем».
Дар мавриди санавияти аќидањои маздопарастон низ мавќеи пажўњишгарон гуногун буда, вале бисёр касон онро инкор мекунанд, ки дархўрди аќидањои мо буданд. Аз он љумла, А. Алавї фармуда: «Азимтарин ифтихори Зардушт ва ойини ў дар биниши равшанест, ки аз вањдату азамат ва яктоии бемонанди Худованд доштааст. Зардушт ойине нињод, ки дар он беш аз як худо вуљуд надошт ва ў бузургтарин ва муќтадиртарин худой буд. Номи Ањурамаздо, яъне Сарвари Доно ва љумлаи усули мазњабї барои таљлилу ситоиши ўст. Бе гуфтугў, Зардушт бархилофи бархе аз пайравони хеш ва тарафдорони мазњаби Монї ба санавият мўътаќид набудааст». Профессори Донишгоњи Копенгаген Љек Асмуссен афзудааст: «Зардушт њаргиз аз санавияти мутлаќе, ки дар он ду рўњ ё худо, яке хубу яке бад, билистиќлолу људо аз њам ва то абадият вуљуд дошта бошад, њарфе ба миён наовардааст. Вай Ањурамаздоро холиќи њама чиз шумурдааст».
Дигар масъалаи њалталаб то кадом андоза вобаста будани адабиёти ирфонї ва ањли сўфияи асримиёнагї  ва аќоиди онњо бо зардуштия буд. Аксари муњаќќиќон, аз он љумла, Фаридуни Љунайдї, Ардашери Сипењрї, Мењрони Ѓайбї ва дањњо дигарон ин аќидаро бо далелњои зиёд рад намуданд ва гумон мекунем, дар ин љода тањќиќоти доктор Абдулњусайни Зарринкўб басо гаронмоя ва пурмўњтавост, ки фармудаанд: «Эрон ба унвони мањди деринаи оини Зардушт ба аволими зуњд ва фаќр ошної ва тавофуќе надошт, то аз  ин њайс омодагии хосе барои парвариши тасаввуф нишон дода бошад. Дар байни он чи мумкин аст таъсири билвоситае дар пайдоиши тасаввуф дошта бошад,  бидуни шак мазоњиби ањди Сосонї, мисли оини монї, аќоиди гносї, оини буддої ва кеши масењиро бояд ёд кард. Албатта зўњд ва фаќр  он гуна, ки назди пайравони оини Масењ, хосса дар Сурия ва Миср ривољ дошт, дар назди эронињои зардуштї писандида набуд. Дар оини Зардушт, чунонки аз шикояти Гуеш Урван-равони Офариниш дар Готњо бармеояд, аз мулк , сарват, сайъ ва зањмат ситоиш шудааст ва ин тарзи талаќќї аз зиндагонии љањонї таълими маздаясноро ба унвони оини мухолифи зўњд ва риёзат ба куллї аз он чи дар мазоњиби ќадими њиндувон ва њатто баъдњо дар назди ориёњои Ригведа вуљуд доштааст, људо мекунад. Ин, ки Зардушт худ дар суннати маздаяснон њам аввалин галадор, њам нахустин рўњонї, њам нахустин љанговар мањсуб аст, нишон медињад, ки назди ў љангљўї  ва сарватандўзї бо аволими рўњонї мунофот надорад. Дарвоќеъ, сайъ ва амал њамвора аз усули таълими Зардушт  мањсуб будааст ва мубориза бо девон ва аносири шар дар назди вай сайъ дар обод кардани замин, нигоњ доштани кишт аз офот, парвариш ва тавсиаи галла ва чарогоњро илзом мекардааст.  Рўзадорї ва илзоми гуруснагї низ, ки назди монавиён ва исавиён њамчун навъи ибодат талаќќї мешуд ва дар назди сўфия махсусан ањамияти фавќулодда дошт, дар назди пайравони Зардушт гуноњ шумурда мешуд. Њатто касе, ки таълим ва тарвиљи рўзадорї мекард, ошмуѓ хонда мешуд ва ба муљиби Вандидод мустављиби кайфар буд. Ин гуноњ дарвоќеъ аз он љо ношї мешуд, ки ба эътиќоди маздаяснон инсон бидуни он, ки ѓизо бихурад наметавонад барои ба љо овардани корњое чун кишоварзї, галадорї ва ба вуљуд овардани фарзандони тандуруст, ки  њамаи онњо ибодат мањсуб мешуд, ќудрату ќувват дошта бошад. Зеро ки дар оини Зардушт рўњу љисм муќобили њам нест, хайр ва шарр аст, ки бо њам муќобил аст ва албатта, љисм њам љузви ќаламрави хайр аст, на ќаламрави шарр». (Аз китоби Абдулњусайни Зарринкўб. «Љустуљў дар тасаввуфи Эрон»)
Дар мавриди мањалли зисти ќаблии ориёињо—ќавмњои аирйама ва туирйа (тўронињо)  пажўњишњо ва гуфтањо зиёданд. Мутаассифона, аксари онњо њангоми номбар кардани мањалњои љуѓрофии имрўза ба сањвњои хеле љиддї роњ медињанд. Онњо мекўшанд, ки номњои мањалњои кулли Ориён Вайљаро, ки аз њафт кишвари бузург иборат буда ќариб кулли ќитъаи Осиёро фаро мегирад, дар њудуди як-ду шањрак, водии кўчаки имрўза «љой дињанд» ва фаромўш мекунанд, ки њангоми кўчишњои бузург орёињо номњои мењану зодгоњи нахустини худро њамроњи худ бурда, ба љойњои нав муќимшудаашон менињоданд. Ва имрўз даќиќан муайян кардани њудудњои љуѓрофии он замони хеле дур кори номумкин аст. Вале бо вуљуди ин, ба пажўњишгари муосири тољик Њ. Муъминљонов тибќи мадракоти гирдовардааш муяссар шудааст, ки то андозае зисту зиндагии сокинони Тўрони таърихиро муайян намояд. Ва мо ба чанд нуктаи ў мувофиќ омадем: «Тўрон сарзамини ориёињо буда, бахши марказї ва људонашавандаи Айиряна Ваељањ (Орёвиљ)-ро ташкил медињад. Тўрон сарзаминест, ки дар ин љо паёмбари дини нахустини яктопарастї мутаваллид шуда, то синни беш аз 40-солагї зиндагї кардааст. Тўрон ватани љавњари асосии китоби муќаддаси Авеста-Готњо ва эњтимолан Њаптанњоити аст, ки аз љониби Зардушти Спитамон –паёмбари дини маздаясна суруда шудааст. Тўрон гањвораи тамаддуни ориёист. Мутобиќи мўњтавои ин китоби муќаддас Тўрон сарзаминест, ки дар он ќабилањои ба њам наздик ва хешованди аирйа ва туирйа пањлуи њам ва дўстона зиндагї мекарданд. Тўрон сарзамине мебошад, ки дар он ориёињо суннатњои мазњабии дини маздоии куњан ва љадидро падид оварда, чунин муќаддасот ва мањалњои маъруфи мазњабї, мисли кўли Чаечест, шањрњои Канња, Ушидарена, Вараљамкард, Ваюкерета, Антара Канња, Хшатрасука, Њанкани Афросиёб, аввалин оташкадањои машњури дини зардуштиро поягузорї кардаанд. Тўрон дар марњилањои мухталифи таърихї њудуди гуногуни љуѓрофї дошта, дар ќаламрави он њамаи подшоњони пешдодї ва аксари шоњони каёнї њукумат карданд».  Пажўњишгари аврупої Брюнхобер низ бар ин аќида аст: «Тўрон сарзаминест, ки бошандагони тўронии он китоби нахустини муќаддаси њиндуњои бостон—Ведоњо, ба хусус Ригведаро суруда, ришињои (гўяндагони) аввалини ин сарчашмаи ќадимтарини љомеаи њиндуаврупої мебошанд».
Як вожаи муњим, ки дар сарчашмањо ба таври гуногун зикр шуда, касро ба шубња меоварад, истилоњи љуѓрофии замон, аз он љумла, Ориёно, Эрон, Тўрон ва дигар кишварњои ориёист. Дарвоќеъ, њудуди Ориёнвайљ--Пањнои Ориёно аз пиндори бархе аз муњаќќиќон хеле бузургтар буда, ќисми зиёди ќитъањои Осиёву Аврупоро дар бар мегирад ва онро дар њудуди як-ду вилоят, водињои кўчак ва њатто як-ду љумњурии имрўза љой додан салоњ нест, њангоми кўчишњои бузург ориёињо номњои мењану зодгоњи нахустини худро њамроњи худ бурда, ба љойњои нав муќимшудаашон менињоданд. Ва имрўз даќиќан муайян кардани њудудњои љуѓрофии он замони хеле дур кори ѓайриимкон аст. Бинобар ин, аслан истилоњи Ориёно дар њазораи дуюм ва якуми пеш аз милод ифодакунандаи номи кишварњои умумии Эрон, Афѓонистон, Осиёи Миёна ва як ќисми Покистону Њиндустони имрўза буд. Вале дар давраи беш аз якуним њазор сол албатта, гоњ камтару гоњ бештар масоњатро фаро мегирифт. Ва ишорањои зиёде низ њаст, ки он Ориёно, ки воќеањои романи мо мегузарад, ба гуфти бархе аз сарчашмањо иттињоди бузурги њафт, ё дувоздањ ё њабдањ кишвар буд. Бинобар ин, мо бо маќсади ба иштибоњ роњ надодан ва боиси саргарангии хонанда нашудан,  мулкњои на танњо ќавмњои эрониву тўронї- аирйа ва туирйа, балки дигар ќавмњои ориёиро низ бо номи умумии Ориёно ифода кардем.
Ва идомаи мантиќии масъалагузории мо робитаи орёињои ќадим бо њиндуњои ќадим дар њиндуориёї буд, вале бузургии миќёси љуѓрофї, бузургии масъала ва бузургии њаљми кор имкон надод, ки ин мавзўъ дар љомаи як навиштор матрањ шавад ва мо ин корро аз дўши худ дур накарда ба гоњи дигар гузоштем, ва умед мекунем, ки њангоми пажўњиши минбаъдаи таърихии ниёгон онро пурратар рўи сафњањо биёварем. Ба њар оин, мавќеи бисёр пажўњишгарон, аз он љумла, Жорж Моор дар ин самт мавќеи моро муайян намудааст: «Њиндувон љањони беруниро эътиборї ва рањоиро дар гусастан аз ин љањон ва куштани дилбастагињову шањватњо медонистанд ва ба гўшагириву риёзату андешаву кўшиш барои пайвастан ба марњалаи бехудї аќида доштанд. Аммо эрониён ѓайри њиндувон буданд. Ба вижа муњити сахти Эрон ва сармову гармои шадид эрониёнро ба мубориза водор сохт ва бар хилофи равони њиндї бештар ба зиндагии амалї таваљљўњ кард. Эронї ба пирўзињои нињоии некї бар бадї имон дорад, њаргиз навмед намешавад ва даст аз пайкор намекашад. Барои эронї роњи рањоии одамї дар гурез аз љањон нест. Одамї бояд пой дар майдон гузорад ва бо бадї биситезад, то пирўз шавад. Чирагии ин рўњи мардонагї ва баландњимматї дар нињоди эрониён буд, ки дини Зардуштро такомул бахшид». Ва ба фикри мо кеши Зардушт низ дар байни кешњои дигари ќадима, ки дар њудуди васеи Ориёно хеле зиёд буданд, инќилобе гардид ва барои такомули ин равони мубориз ва  наљотоваранда ба кулли мардуми ориёї такони азиме бахшид.
Ва нињоят, саволе, ки дар дили њар як эљодкори муосир пайдо мешавад: имрўз гуфтањои ниёгони мо то кадом андоза дархури кору рўзгори имрўзиён аст? Ва њаќ аст пажўњишгар Лаврентий Миллз, ки навишта: «Зардушт барои мо суханоне оварда, ки њар њиљои он аз фикр анбошта аст. Фишурдагии фикр дар он ба андозаест, ки монанд надорад. Ин дастурњои се њазор сол пеш имрўз моро аз бандњо рањої мебахшад. Њаќношиносї аст агар онњоро нодида гирем ё пинњон созем. Авесто куњантарин санади дини дарунист, ки љўяндаву озмояндаи маниш ва гуфтору рафтори нек аст». Ва њаќ бар љониби Эмил Беневист, ки менависад: «Маздопарастї мазњабест амалї  ва маънои њаќиќии он аз оинњои мазњабї фаротар аст. Омўзишњои ин дин дарсњои ахлоќиро дар бар дорад.  Ба эњтимоли зиёд, оини зардуштї дар оѓоз як незњати мањаллї дар гўшае аз Эрони ховарї буд, ки њанўз марзњои љуѓрофиёии он муайян нашудааст. Ин оини нав бо муќовимату муќобилаи шадиди кешњои ройиљ мувољењ шуда ва барои муддате дароз натавонист ба бартариву чирагии комил бирасад ва чун густариш ёфт, дигаргун шуд. Кеши зардуштї бо оинњое, ки дар пайи барандохтани онњо бархоста буд, даромехт ва маздаясна ба гунае бисёр мутавофит (таѓйирёфта) ба Эрони бохтарї расид». Мутаффаккир, нависанда ва шоири тавонои њинду Робиндранат Такур, ки ба Зардушт ва таълимоти љовидонаи ў ихлосу эътиќоди беандоза дошт, дар ситоиши ин паямбари ростї ва адолат гуфтааст: «Зардушт дар таърихи башар нахустин касест, ки динро ба як шакли ахлоќї даровард. Зардушт пайѓамбарест, ки дар оѓози таърихи башарият зуњур намуд ва ба василаи фалсафаи худ башарро аз бори сангини маросим озод сохт». Зардушт бори нахуст дар таърихи башарият арзишњои ахлоќиро дар либоси дин ба љилва оварда, «пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек»-ро сарманшаъи зиндагї ва оини њамешагии пайравони хеш ќарор дод. Ба ќавли Фридрих Вилгелм Нитшеи олмонї «Зардушт аз њама мутафаккирон ростгўйтару ростандештар буд».
Дар мавриди сарчашмањои таърихї мебояд гуфт, ки барои муайян намудани бисёр масъалањои Даврони бостон ба нашри китоби Авесто ба њарфи сириллик ва тарљумаи китобњои баѓоят муњими «Динкард» «Ардовирофнома» ва ѓайра мурољиат кардем, ки куњантарин китоб ва навиштањои ниёгон дар љањон мебошанд. Ва пайи ин, ногузир масъалаи соли китобати Авасто ва забони он саволњо пайдо мешаванд.
Мебояд иќрор шуд, ки дар хусуси замони пайдоиши хат ва нахустин навиштањои Авесто фикри пажўњишгарон гуногун аст, бархе навиштањои аввалини Авесторо дар ањди Њахоманишињо мењисобанд, бархе дар давраи Ашкониён ва бархе бар он мўътаќиданд, ки ин амал  аз давраи Сосониён пештар сурат нагирифтааст. Вале дар худи матнњои Авасто ишорањо меравад, ки даврони  пайдоиши хати ориёињо хеле ќадим будааст. Намунаи олии ќонунњо ва асарњои бузург ва муќаддасе, аз он љумла Авесто, наметавонист бидуни навишта кардани он аќаллан дар теъдоди андаке ба чунин пуррагї ба садсолањову њазорсолањои дигар бигзарад. Вагарна њама гуна омўзишњо ва такомули илмњои замона, ихтирооти зиёд наметавонистанд аз насл ба насле бехато бирасанд.
Ва азбаски гирдоварї, навишт ва тањрири охирини Авесто дарвоќеъ дар ањди Сосониён сурат гирифта, шакли вижаи хат ба вуљуд омад, пажўњиши доктор Љалили Дўстхоњро дар бораи хусусиятњои хат ва забони авестої таќдим мекунем:
«Забони авестої яке аз забонњои куњан дар шохаи хонаводаи забонњои њиндуэронї –ориёї аст, ки дар тўли яксаду панљоњ соли охир мавриди таваљљўњи забоншиносон шудааст. Сарзамини модар ва пойгоњи аслии ќабоили њиндуэронї ба эњтимоли зиёд хиттаи Осиёи Миёна будааст. Таќсими ин ќабоил ба шўъбањои њиндї ва эронї ношї аз кўчњои пайдарпайи онњо буд. Нахустин бор гурўње аз онњо аз роњи Афѓонистони имрўзї ба сўи Њинд кўч карданд (ќабоили њиндї) ва пас аз онњо ќабоиле, ки дар Осиёи Миёна боќї монда буданд, ба сўи сарзаминњои Эрон ва Афѓонистони кунунї кўчиданд (ќабоили эронї).
Зистгоњи љадиди ќабоили эронї аз кўњњои Ќафќоз ва сањроњои Осиёи Миёна дар Шимол то каронањои дарёи Уммон ва халиљи Форс дар Љануб ва аз Афѓонистону бахше аз фалоти Помир ва дањонаи рўди Синд дар Ховар то сарзаминњои Миёнарўдон (Байнаннањрайн) дар Бохтар имтидод меёфт ва табъан ангезаи падид омадани гўишњои гуногун мешуд, ки сипас мароњили такомулро тай мекард ва ба гунаи забонњои комилу мустаќил дармеомад.
Аз бархе аз ин гўишњо  њељ огоњї надорем ва аз бархе дигар, ки забонњои мидї ва сакоиро падид овардаанд, танњо раддпоњое дар номњои хоси касон ва љоњову сарзаминњо бар љо мондааст, ки забонњои дигар аз онњо  ба орият гирифтанд. Танњо аз ду забони эронии куњан навишторњое ба дасти мо расидааст: авастої ва порсии бостон. Яке аз ин ду забон дар сангнавиштањое ба хатти мехї аз Дориюши якум, Хашиёршо ва дигар шоњони эронии садаи шашум то чањоруми пеш аз милод бар љо мондааст. Забони ин сангнавиштањо забони модарии шоњони бумї буд, ки аз сарзамини Порс (Форси кунунї) бархоста буданд. Ва аз ин рў, ба дурустї «порсии бостон» ном гирифтааст. Мадракоти бозмонда аз забони порсии бостон, ки аз рўзгори ривољи ин забон ба дасти мо расидааст, албатта, бисёр арзишманд аст, аммо мутаассифона, ин навишторњо фаровон нест.    
Забони дигари эронии куњан, ки мавзўи ин гуфтор аст, танњо аз роњи бахшњои барљомондаи китоби Авесто ба дасти мо расида, ки маљмўаест аз матнњои динї ва ёдгори асотири бостонии эрониён. Кўњнагии дастнависњои кунунии Авесто аз садањои сездањум то чањордањуми милодї бештар нест. Авесто дар оѓоз роњи дарозеро ба унвони як асари гуфторї-шунидорї паймуд, то ба гунаи дастнависи суннатї даромад. Таъини нуќтаи оѓози ин суннат душвор аст ва бинобар ин забони китоб ба таври ќарордодї «забони Авесто» ё «забони авестої» номида мешавад.
Забони авестої то он љо, ки аз пажўњишњои забоншиносону авестошиносон бармеояд, забони роиљ дар яке аз сарзаминњои ховари Эронзамин будааст, аммо њељ ќарина ва мадраке дар даст нест, ки ба мўљиби он битавонем бигўем, ин забон даќиќан дар кадом як аз навоњии ховари Эрон ва дар чи замоне ривољ доштааст. Аз ин забон, чунон ки гуфтем, њељ асари дигаре љуз Авесто дар даст нест ва шеваи нигоришу чигунагии  забони њамин бахшњои Авестои бозмонда  низ њамоњангии комил надорад ва нишон медињад, ки дар замонњои гуногун навишта шудааст. Гоњони панљгонаи Зардушт куњантарин бахши китоб ва намоишгари ќадимтарин гўиши забони авестоист. Дигар бахшњои Авесто забону гўише ба нисбат навтар надорад, ки дар санљиш бо забони Гоњон комилан чашмгир аст. Нависандагони баъдї гањ-гоњ порањое аз бахшњои пасини  Авесторо низ ба равиши Гоњон навиштаанд, ки аз дигар ќисматњо бозшинохтанї аст.
Забонњои куњани эронї, ки забони авестої яке аз шоистатарини онњост, бо забонњои куњани сарзамини Њиндустон ба вижа забони санскрит, ки сурудњои «Веда»   —куњантарин номаи бозмонда аз њиндувони бостон ба-д-он навишта шудааст, њаммонандињои бисёр дорад. Бештар корвожањову номвожањо ва пешвандњову пасвандњои ин забонњо дорои решањои муштараканд. Барои ошної ба ин њамонандињо метавон  ба вожањои намоишгари дањ шумораи нахустин дар забонњои авестої, санскрит ва форсии нав таваљљўњ кард:












Аз лињози овошиносї ва ќоидањои сарфї низ забонњои куњани эронї ва њиндии бостон шабењ аст, аммо бо дастури забони форси кунунї тафовути ошкор дорад. Дар забонњои эронии куњан ва аз он љумла авестої њашт њолати сарфї ба худ мегирад: њолатњои фоилї, мафъулї, нидо, мафъулун маъању, бо њарфи изофаи «бо» ва љуз он,  мафъулун минњу, изофї, мафъулун фињи.
Авесто дар охири давраи Сосониён ба хати вижае, ки барои навиштани он ихтироъ шуд, ба нигориш дар омад. Дар он рўзгор чандин хат барои нигориши забони порсии миёна пањлавї ба кор мерафт, ки њар як ному корбурде људогона дошт. Ройиљтарин ва њамагонитарини ин хатњо «Омдабира» ё «Њомдабира» буд, ки барои њамаи њарфњои ової ва беовои забон танњо сездањ нишона дошт ва чунин хате ноќисе ба њељ рўй наметавонист сурудњои куњан ва муќаддаси диниро, ки бино ба эътиќоди маздопарастон бояд даќиќан ба сурати аслии онњо талаффуз ва хонда шавад, сабту забт кунад.
Аз ин рў, коршиносони хату забон ва донишварону фарњех-тагони замон ба чораандешї нишастанд ва аз рўи хатти «омдабира» хатти наве падид овардаанд, ки њамаи даќиќањои овошиносї дар он ба кор рафтааст ва то имрўз яке аз комилтарин хатњои љањон ба шумор меояд. Ин хатро аз он рў, ки танњо барои нигориши матнњои динї (Авасто) ба кор мерафт, Диндабира, ё Диндабирї номиданд ва илова бар матни Авесто баъдњо матнњои «Позанд» - гузориши дубораи Авесторо низ ба-д-он навиштаанд.
Алифбои авестої, ё Диндабира монанди њамаи хатњои эронї , ба љуз хати мехї, ки дар нигориши сангнавиштањои њахоманишї ба кор рафтааст, аз рост ба чап навишта мешавад. Ва чињилу нўњ нишона (њарф) дорад, ки љуз дар мавридњои истисної њамвора људо навишта мешавад. Ва аз ин њайс иштибоњоте, ки бар асари часпидагии њарфњо дар дигар хатњои эронї роњ меёбад, дар ин хат ба чашм намехурад.
Љадвали алифбои Диндабира ба-д-ин шарњ аст.   
Мавриди зикр аст, ки 14 њарфи ової-садонок дошта,  а, е, э, о, и, у дар ду шакл— кўтоњ ва дароз навишта мешуданд, инчунин, њарфњои дуовозаи оу ва он  мављуд буд. Дар доираи 35 њарфи бесадо њарфњои вижае њастанд, ки се намуди ш, се намуди в, ду намуди й, ду дифтонњои анг, хв ва ѓайраро дар бар мегирад.
Вале бисёр пажўњишгарони дигар мўътаќиданд, ки хат пештар ихтироъ шуда буд. Аз он љумла, дар китоби Э.Рањмонов «Тољикон дар оинаи таърих» омадааст:
«Дар  сарчашмањои ќадимаи пањлавии то замони мо расида, аз љумла «Шањристонњои Эрон» оид ба таърихи навишта шудани «Авесто» маълумоти пурќимате баён шудааст. Мувофиќи ахбори  ин сарчашма паёмбар Зардушт баъди озмоишу имтињонњо дар дарбори шоњ Виштосп (Гуштосп) маќому мартабаи баланд ёфта, бо амри шоњ нахустин шуда, китоби муќаддаси «Авесто»-ро  ба хати дабирї дар тахтачањои  тиллої навишта, дар хазинаи оташкада љой дод. Ќадимтарин нусхањои «Авесто»  зоњиран дар дарбори подшоњи Балх Виштосп, дар Каъбаи Зардушт, Оташкадаи Навбањор ва дигар оташкадаву ибодатхонањои бошукўњи ќаламрави Балх нигањдорї мешудааст. Аз ахбори «Шањристони Эрон» бармеояд, ки Искандари Маќдунї њангоми тохтутоз ин китобро сўзонда ба дарё андохт».
Дар бораи «Авесто» хусусан сарчашмаи дигари пањлавї «Динкард» («Кори дин») маълумоти муфассал медињад. «Динкард» чун ќомуси афкори динию мазњабї, њамосањои асотирии ориёињо, њикмату фалсафаи  ањди Зардушт ва пасояндагони он шинохта шуда, густариши аќоиди зардуштия, аз љумлаи таълифи китоби муќаддаси «Авесто» ва дигар рўйдодњои муњими таърихиро фаро мегирад. «Динкард» аз нўњ китоб иборат буда, дар китоби сеюм оид ба таърихи «Авесто» ва давраи таълифи он  маълумот медињад. Аз навиштањои «Динкард» бармеояд, ки бо супориши шоњ Виштосп матни «Авесто»  китобат шуда, як нусхааш дар Ганљи шойгони Шиз, нусхаи дигараш дар Дижи навиштањо (китобхона) –и Истахр  ва нусхањои боќимондааш дар оташкадаву ибодат-хонањои  зардуштии Балх ва шањрњои мухталифи билоди Бохтар мањфуз будааст. Нусхањои мављудаи «Авесто», ки дар пўсти даббоѓишудаи барзаговњо  ва лавњањои тиллої сабт будааст, аз љониби Искандари Макдунї сўзонида шуда, як нусхаи он ба юнонї тарљума гардидааст. Лавњањои тиллої ва зарнавиштњои гаронбањои «Авесто» ба Юнонзамин  фиристода шуда, амволи оташкадањову маъбадњои зардуштї ба ѓорат рафтаанд. Мувофиќи ахбори «Динкард» матни комили китоби муќаддаси «Авесто» аз 1200 боб (фаргард) ва 21 китоб (наск) иборат будааст.
Азбаски мо саросар бо истилоњу вожањои даврони бостон сари кор гирифтаем, зарур донистем, ки маънои онро аз тариќи вожа-номаи тањиякардаи доктор Љалили Дўстхоњ дар поёни китоб ова-рем. Фаќат барои хонандаи имрўзаи тољик вожањои зиёди дигарро низ илова кардем, то ќабул ва дарки маънї осонтар шавад.
Азбаски њадафи нињоии мо офаридани филми њунарї, ё худ достонист, дар назардошти мавќеи алъон зикрнамудаамон мекўшем, ки њар як маросиму лавњаи аслии њаёти ниёгонро барои филмнома биёварем. Дар ин робита њангоми омўзиши мавод ва тањќиќоти олимони маъруф дарк намудем, ки 3-4 њазор сол пеш њам дар њудуди Њинди ќадим ва њам дар њудуди Ориён вайљ ниёгони мо ба маънои аслї њунари вижаи театрии худро доштанд ва бисёр ниёишњои умумї ва љашну маросимњо худ намоиши вижаи театрї будааст. Ва ба ин маводи дар худи китоби Авесто омада далолат мекунад. Аз ин рў, дар мувофиќат бо сужа ва маќсади нињої порањои зиёдеро дар ин шакл ба китоби худ ворид кардем, ки иншооллоњ, њар кадом лавњањои љолиб ва диданї ва пандомези филмномаи оянда хоњанд шуд. Бо маќсади комилан асоси илмї доштани ин достони синамої мо дар мавриди зарурат порчањои људогонаро аз Авестои тањияи устод Иброњим пури Довуд овардем, ки бо њамияти доктор Љалили Дўстхоњ бо њарфи сирилик нашр шудааст (Авесто, Душанбе, 2001), инчунин аз тањияи Алиакбар Љаъфарї (Готњо, чопи Эрон) порањои готњову тафсири љолиби онро айнан баргузида мавриди истифода ќарор додем. Ва ба хотири нигоњ доштани воќеият ва роњ надодан ба сањву хатоњои бостоншиносї ба дастовардњои охирини пажўњишгарон такя намуда, дар љойи зарурат порчањои алоњидаро аз китоби Э.Ш.Рањмонов «Тољикон дар оинаи таърих»,  навиштаву гуфтањои олимони маъруфи ин љодаи фарњанги бостон Бобољон Ѓафуров, Фаридун Љунайдї, Ардашер Сипењрї, Љалили Дўстхоњ, Алиакбар Љаъфарї,  Њамдам Мўъминљонов ва дигаронро айнан иќтибос намудем. Ва азбаски навиштаи мо достонист, на илмї, дар повараќ нишон додани иќтибосњоро кори нозарур њисобидем, ки метавонад, эњсоси хонандаро боздорад ва бишканад.
Аз фурсат истифода бурда, барои маслињат ва дарёфти маводи гаронмояи таърихиву адабї ба рўњи нахустустоди омўзандагони «Авесто» дар асри ХХ Иброњим Пури Довуд, оѓои Алиакбар Љаъфарї, авестошиноси маъруф, шањрванди фахрии шањри Душанбе оѓои Фаридун Љунайдї, мубади мубадони Эрон Ардашер Сипењрї, мубади шањри Кирмон Мењрони Ѓайбї,  мубаду мубадёрони шањри Язди Љумњурии Исломии Эрон ва Бомбайи Њиндустон, кормандони сафорати Љумњурии Тољикистон дар ЉИЭ бо сарварии Рамазон Зарифович Мирзоев, кормандони сафорати Тољикистон дар Њиндустон бо сарварии ваколатдори он Сўњроб Раљабов, академик Нўъмон Неъматов, бостоншинос, номзади илми таърих Саидмурод Бобомуллоев ва дигарон барои маслињатњои муфид, ба  шарикони сафар ва љустуљўњо - коргардонњо Ёрмуњаммад Аралов ва Давлат Убайдуллоев, филмбардор Алишер Неъматов арзи сипос менамоем.
Инчунин, умед мекунем, ки њамзамонони мо бо Маниши нек ба ин навиштањо назар намуда, як арзи муњаббати фарзандона ва ифтихори самимии моро нисбат ба ниёгони бузурги мењан мебинанд ва дар њамин робита бо мулоњизаву пешнињоди худ барои такмилу бењбудии он дар нашрњои оянда хидмат мекунанд.
               
МУАЛЛИФОН









































Китоби Эмомалї Рањмонов «Тољикон дар оинаи таърих»-ро вараќ мегардонем ва њодисањои дерини кишвари тољикон, симоњои ќањрамонони диёр, оинњои нотакрор, талошњои пурэњсоси мардумони сї садсола пеш, сурати харитањои ќадима, боќимондањои коху кўшкњои бостонї пеши  назар меоянд.
Ва ин суханњои китоб моро барои иншои достони бузурге ба илњом меоварад.
«Мо кистем, аз куљоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаљдодамон кињо буданд, аз куљо омаданд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд? Мо тољиконем, аз халќњои ягонаи Ориёї њастем. Суоле пеш меояд, ки тољиконро чи нисбатест ба бохтариёну давлати Бохтари ќадим, ки домани сулолаи Сомониёнро рањо сохта, даъвои тољу тахти Каёниён ва ворисияти Хазинаи Амударё мекунанд?
Воќеан, бошандагони Бохтару Суѓди ќадим сараљдоди тољикон буданд ё на? Ва агар бошанд, бо кадом  ваљњу далел ва бурњони таърихї? Гањвораи тамаддуни тоифањои ориёнажоду ориётабори форсизабон нахуст дар куљо сабзи-да, -Моварои Бохтару Суѓду Хоразм ё дар билоди Форсу Эрони кунунї? Ва нињоят, тољикон чун форсњои њамтаќдиру њамзабони худ, њаќќу њуќуќи маънавии соњиб шудан ба мероси таърихию фарњангї, ворисияти забон, ворисияти ривояту асотирњои ќадима ва кешу мазњабњои собиќаи ориёињои бошандаи Бохтару Суѓди ќадимро доранд ё на?
Пасопеш садњо суолу муаммоњои њалталаби таърих пешо-рўи мо ќарор мегиранд  ва посух мехоњанд. Барои посух ёфтан мебояд ба даврањои басо куњани таърихї сафар ку-нем, то аслу насаби халќияти худро бишносем, нишонае аз сараљдод ва гузаштањои дур пайдо кунем, аз миёни тоифаву таборњои сершумор халќияти тољикро бо марзњои будубош, тамаддуни хоса ва оинњои давлатдориаш дарёбем.
 Сарнавишти ориёињо аз љумлаи  сањифањои басо рангин, аљоиб ва шигифтангези таърихи башар буда, аз миёни асотиру ривоят ва њаќиќати таърихї роњ кушода, то ба рўзгори мо расидааст.
Андешањо маро ба сўи Зардушт мебарад, сўи нахустпаямбари тољикон, ки китоби љовидонаи  «Авесто»-ро офаридааст. Сўи паямбаре, ки наќши роњи ў ва пайравонашро ѓубори њазорсолањо, алангаи оташи беамону теѓи шамшерњои хунрез шикастану гудохтану сўхтанњо аз зиндагии мардуми тољик рабуда натавонистааст…
Хоросангњои мўњташами Ватан бароям як манзараи ошнои табиат нестанд. Балки сангњайкалњоеанд, ки аз ќисмати талхи миллати тољик ќиссањо мегўянд. Пайкарањои сангини Чилдухтарон тимсоли љонбозињои марду зани диёри куњанбунёди  мост, ки дар набарди аљнабиён чун сипар роњи душманро бастаанд. Оре, кўњњои сарбаланди кишвар ќалъањои дастнораси воќеиянд, ки ниёгони моро пушт ба пушт аз асорати душман наљот доданд. Њатто рўду дарёњои хурду бузурги мо таърихи зиндаи кишваранд ки дар тўли њазорсолањо убургоњи Лашкари кишваркушои Куруши Кабиру Дорои љањонгир, сипоњиёни савораву пиёдаи Искандари Маќдуниву урдуи селосои ибни Ќутайбаи араб, сарбозони вањшитабиати Чингизхони биёбонгард ва дањњо сарлашкарону соњибсипоњони хомтамаъ ќарор гирифтанд. Разми Рустаму Сўњроб ва фољиаи талхи писаркушињо бароям ривоят нестанд. Ин сарнавишти халќи дур аз макру њила ва содданињоди мост, ин фољиаи модари фариштамисоли тољик аст, ки то њанўз дар њасрати фарзандони љавонмаргаш хун мегиряд. Ва бо њамон покизаманишию фурўтанї бар ќасди марги фољиабор умри миллатро љовидона медорад.
Ман аз сањифањои куњани таърихи диёр, аз осори шањристонњои вайронаву нимвайронаи сарзамини аљдодї, аз миёни гарду чанги асрњо наќши гузаштаро мељўям. Мехоњам порањои шикастаро васл кунам, риштањои гусастаро ба њам бипайвандам, њаќро аз ноњаќ, ростро аз дурўѓ људо карда, аз сабаќњои таърих панде биомўзам. Зеро таърих боинсофтарин ва одилтарин њакам аст, љумлаи неку бади гузаштаву имрўзаро дар мизони адли хеш бармекашад. Ва фарзандони халќу миллате, ки гузаштаашро  фаромўш кардааст ва хотираи таърихиашро пос намедорад, хоњу нохоњ аз ѓояти кўтоњандешї ояндаашро низ инкор мекунад. Воќеан, сарзамини тољикро метавон осорхонаи љовидонаи таърих номид ва ин осорхона бароямон аз афтидану хестанњо, сўхтану сохтанњо, шикастану пайвастанњо ва чун мурѓи самандар аз хоку хокистар эњё шудану бори ќисмат бар дўш кашиданњои миллати љонсахту сарбаланди тољик ќиссањо мегўяд…»   

1. ВАРАНГЊА
 ар њанљаманаи шањраки Дарељйа, ки дар толори маъбади мењрпарастон, дар соњили рўди Вахва Даитйа сурат гирифт, дар аввал чизи ѓайриоддие набуд, вале дар рафти мурофиа њодисае сар зад, ки њамаро ба шўр овард.
Њама хомўш монданд ва њуш ба сухани довар доданд.
Сарвари анљуман мубадон мубади шањр  Аштра низ лањзае дар њайрат афтода андеша кард, вале бо тамкини хоси одами худодўст, бо овози паст, андаке дудила шуд, вале баъд бо ќатъият гуфт:
—Варангња…
Вале ин сухан чун садои раъду барќ дар дили њозирин танинандоз гардид.
—Варвангња!—шодона нидо мекарданд бародарони Братрокрештур.
—Варангња?!—бо њайрат мепурсиданд одамони накўрой.
—Варниранг? – бо раѓбати хоси омехтаи тарсу тањлука ба лањзањои марговар аз њам мепурсиданд дигарон.   
Ин њукми довари пир ба назари бисёрињо тасодуфї ва дар нињояти беадолатї намуд. Зеро ки ба ин имтињони сангин узви њанљамана, мубадёри хеле љавон, вале донишманду њалиму боназокат Зардушти Спитмон, пури Пурушасп мањкум гардид.
Асли воќеа чї буд?
Дар љомеаи ориёињо мардумон хеле озод буданд, аз сабаби камии љангњо, ба истиснои тохтутози ќабилањои кўчї асирони њарбї хеле кам буданд, то њамчун ѓулом истифода шаванд, аммо ходимоне, ки бар ивази музди ночизе корњои зиёди мардуми сарватмандро иљро мекарданд, зиёд буданд. Шояд онњо як навъи хеле сода ва оддии ѓуломон буданд, вале њоло вожаи ѓулом ба маънои пурраи имрўза шакл нагирифта буд. Онњо аз бисёр њуќуќњои љомеа бархурдор буданд, аммо сарватмандоне чун Братрокрештур гоње ба шўр омада, неруи бозувонро истифода мебурданд. Ва ин боиси норозигии ходимон шуда, аз болои ў ба додгоњ арз карда буданд. Дар њар шањр њанљаманаи на чандон бузурге амал мекард, ки арзњоро дида мебаромад. Ба он њирбадон њирбад, ё худ мубадон мубад сарварї мекард. Дар ин мурофиа аљиб он буд, ки љабркунандаву додгар, њам Братрокрештур ва њам Зардушт њирбадон ва узви њанљамана буданд. Ва Братрокрештур њаргиз гумон надошт, ки дар њанљамана бар зидди ў касе сухане хоњад гуфт. Вале ходимонаш узви озоди љомеа буданд ва бар њимояти њанљамана умеди ќавї доштанд ва Зардушт бар њимояи адолат, бар њимояи мардумони озод бархест. 
Дар ављи кори њанљамана сабаби аслии эътирози худро Зардушти Спитмон чунин арз намуд:
—Агар рањзане бехирад ва фурўмоя барои луќмае ѓизо њамкасонро ба хорї гирифтор кунад, фуруњари худи ў коста гашта, аз њимояи эзадон дур мемонад; вале агар марде соњибњуш ва соњибдастгоњ дар њаќќи ходимони худ дуруштї кунад, дар баробари фуруњари ў фуруњари њамзамонон ва њамдењон низ коњиш ёбад ва файзи худованд аз тамоми диёр кам шавад. Пас, њангоме ки Братрокрештур дар њаќќи њамсоягон ва  ѓуломон беадолатї кард, ба тамоми њастї хорї овард: Аишма—деви хашм неру гирифт, эзадони нек аз њамаи мо озурда шуданд ва ин диёрро тарк карданд. 
Дар љавоби Зардушт Дулакаета ном мўбади синнаш аз панљоњ гузашта оѓоз кард ба нутќи махсус кашолёфта ва пур аз истилоњ ва вожањое, ки сари њар марди доноро метавонистанд гаранг кунанд ва ба дард оваранд, то аз ин мурофиа ва аз ин даъво безор шаванд ва хоњишманди он гарданд, ки њарчи зудтар ин мурофиа тамом шавад. Аслан, мардум дар сиккаву сурати ѓариб ва овози баланди Дулакаета љинбачаеро дида, дар дилашон вањм пайдо мешуд ва хомўш мемонданд, вале ў инро эътирофи донои худ гуморида, сари бемўйи  худро бо кафи даст молиш дода, риши кўтоњашро бо ангушт шона зада, худ аз суханронии худ ба илњом дар сараш Аммо Зардушт на аз онњое буд, ки ба суиистифодаи дониш роњ дињад ва дид, ки бо нутќи тумтароќаш Дулакаета сари њамаро гаранг карда паллаи тарозуро ба тарафи худ хам мекунад, бо усули суханронии ў гуфт:
—Гуноњи Братрокрештури мўњтарам агарчи Огерепта аст, беш аз њашт маротиба такрор шудааст, пас кирдори ў кирдори Пешутану аст ва подафраи гуноњаш дувист тозиёна аст бо аспање-аштра, дувист тозиёна бо сраушо-чарана. Ва агар гуноњаш Авауиришта аст, ки ту даъво дорї, беш аз њафт маротиба такрор шудааст, пас кирдори ў кирдори Пешутану аст ва подафраи гуноњаш дувист тозиёна аст бо аспање-аштра, дувист тозиёна бо сраушо-чарана. Ва агар ба гуноњи Аредуш олуда шудааст ва шаш маротиба такрор шудааст, кирдори ў кирдори Пешутану аст ва подафраи гуноњаш дувист тозиёна аст бо аспање-аштра, дувист тозиёна бо сраушо-чарана. Ва њол он, ки на њашту, њафту шаш маротиба, балки чандин сол аст, ки ин гуноњи Братрокрештур идома дорад. Ва гуноњаш хеле гаронтар аз он аст, ки ту пиндорї: Ў борњо ходимон ва њамсояњояшро чунон задааст, ки осеби сахте расондааст ва ин кирдори ў кирдори Пешутану аст ва подафраи гуноњаш дувист тозиёна аст бо аспање-аштра, дувист тозиёна бо сраушо-чарана. Касе, ки як бор касеро чунон бизанад, ки аз андоми вай хун равон шавад, кирдори ў кирдори Пешутану аст ва подафраи гуноњаш дувист тозиёна аст бо аспање-аштра, дувист тозиёна бо сраушо-чарана. Ва агар касе каси дигарро чунон бизанад, ки устухоне аз вай бишканад, кирдори ў кирдори Пешутану аст ва подафраи гуноњаш дувист тозиёна аст бо аспање-аштра, дувист тозиёна бо сраушо-чарана. Ва агар касе дигариро чунон бизанад, ки вай бењуш шавад, кирдори ў кирдори Пешутану аст ва подафраи гуноњаш дувист тозиёна аст бо аспање-аштра, дувист тозиёна бо сраушо-чарана. Ва ин гуноњњои Братрокрештур беш аз њашт маротиба такрор шудааст, кирдори ў кирдори Пешутану аст ва подафраи гуноњаш дувист тозиёна аст бо аспање-аштра, дувист тозиёна бо сраушо-сарана.
Дулакаета дармонд, надонист чи бигўяд, вале ба хомўш нишастан њаќ надошт, зеро ки шом тўњфаи гарон гирифта буд ва њоло Братрокрештур аз ў имдод љуста чашм ало мекард.
—Ммм,медонед, гап сари он, ки …. Мо медонем, ки ќонунњои эзадї дурустанд, заруранд ва… Хулоса, ба ин гуноњ њар касеро гунањгор кардан мумкин, вале…
Зардушт ўро аз гуфтори подарњаво боздошта пурсид:
—Бигўй ќатъї, бо як сухан, чунин њаст, ё на?
—Агар назар кунем, ки ин аз кадом љињат ва мавќеъ гуфта мешавад…
—Бигўй, ња, ё на?
—Умуман, ммм…, вале ин љо сарнавишти як марди бузург њаллу фасл мегардад.
—Сарнавишти ин њафт нафар мардуми љабркашида њам бояд њаллу фасл шавад. Бино бар ин аз ту илтиљо дорам, бо як сухан бигўй.
—На… На… Ин гуноњњо дар китоби дар даст доштаи додварзии мо нест ва набуд.
Зардушт бори аввал худро ноњинљор эњсос кард.
Братрокрештур, ки чунин ранг гирифтани масъаларо чашмдор набуд, аз ин хабари Дулакаета шод шуд, њушёр гардид ва хурўшида эътироз кард:
—Њама мардуми сарватманд кармакорон доранд, мо њама чокарони њокими дења, дастандаркорони њокими вилоят, ѓуломони шоњ њастем. Пас, њар гањ ки шоњ дар њаќќи мо љазое раво бинад, фуруњари мулк коста шавад?
—Агар њукм ноодилона бошад, чунин шавад.
—На, њокимият партави худовандист. Њукми њоким ба мо вољиб асту њукми мо ба зердастон.
—Нобуд бод касе , ки ситам раво дорад, чашми захм занад, бадкоронро бахшиш кунад, поку порсоёнро дашном дињад, дењу рустову шањрро нопок кунад, зўру ќудратро бемаврид истифода барад, ќуввату тавоноиро василаи корњои зишт ќарор дињад, молро бар њаќќу њуќуќ бартарї дињад, додрасию ќазоватро дар маърази муомила ќарор дињад…
Ин ишорае ба ноњаќии довари мурофиа низ буд. Бинобар ин мубади мубадон сурфае карду бо ин огоњ намуд, ки ин сухан ба ў писанд нашуд.
Зардушти Спитмон идома дод:
—Касоне њастанд, ки тавоноию ќудрат, њокимият, давлатро дар роњи касби шўњрат ба кор мебаранд.Онњо њастанд, ки љањонро ба табоњї мекашонанд ва љуз нолаю фиѓони одамон чизе талаб намекунанд.
Братрокрештур њамеша аз хушсуханї ва мантиќи гуфтори Спитмони Зардушт дармемонд ва њоло медид, ки киштии дар он нишастааш бо ин додварзии Спитмон Зардушт дар бањри гуноњњо ѓарќ мешавад. Бинобар ин дар пайравї бо далеловарињои ў эътироз карда, кўшиши зиёде ба харљ дод, ки ба ќавли худ сухани њакимонае гўяд:
—Чаро фаќат хосон бояд некандеш бошанд, вале на авом? Агар хосон сеяк некандеш бошанд, зердастон бояд дањ баробар бештар дар сипосу ситоиш истанд.
—Зердастон њамеша, њатто дар намози худ хостори некуањволии хосонанд. Ёд оред, мардумон: Њар як ориёї панљ гоњ намоз гузошта аз офаридгор осоиши киро талаб мекунад?
Зимни суханронии Зардушти Спитмон њозирон намозу ниёишњои њаррўзаи худро ба ёд оварданд:
 —Дар намози бомдод ба дењбон, дар намози нимрўз ба шањрдори мардумпарвари пок, дар гоњи пешин ба кишварбон—шоњи сарзамин ва дар намози шом ба пешвоёни дин ниёишу дуруд мефиристанд, ва танњо  дар намози нимашаб осоиши хонаводаи худро, ки њастии асосии љомеа аст, хостгор мегардад. Бубинед, чањор њангоми шабонарўз аз эзадон барои хосон чї хостор мекунанд: “Барои шањриёри кишвар болотарин тавоноињо, болотарин пирўзињо ва болотарин фармонравоињоро хосторем. Орзумандем, ки шањриёри мо пойдор бимонад ва аз зиндагии дарозу тандурустї бархурдор бошад. Нерўи тан, дурустии тан, пирўзии худодод ва сарфарозї барои фармонраво орзумандем, то бар бадандешон чира гардад ва бар душманон пирўз шавад ва кинтузонро бо як задан аз миён бардорад. Орзумандем, ки ў бо андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек њама душманону каљандешонро нобуд кунад. Подоши нек, некномї ва осоиши равон барои ў хоњонем. Барои ў дарозии зиндагиро хосторем, то накўкоронро хушбахт созад ва бадкоронро ба кайфар расонад”. Чунин аст?
Саволи Зардушт њозиронро аз гўшањои хаёл боз ба толор овард:
—Чунин аст,—тасдиќ намуданд њама мубадёрон.
—Пас шумо, хосон, бояд сазовори ин ниёишњо бошед ва дањ баробар зиёдтар дар пайи некии зердастон андеша кунед.
Братрокрештур  сахт сурфа кард ва ин ишора ба мубад Дувлакаета буд, ки дишаб ба ў дурусте зар дода, ба тарафи худ кашида буд. Вале Дулакаета, ки љуз сухани дар назараш бузургворонаи худ касеро гўш карда наметавонист, њоло чун одати дерина, аз суханронии зебои дигарон дард кашида, зиќ шуда, хобаш бурда буд. Аз сурфаи дўсти сарватмандаш як ќад парида бедор шуд ва бидуни андеша охирин суханњои Зардуштро худ такрор кардан гирифт:
—Дарвоќеъ, дар оятњо, намозњои панљгона, ситоишњои гуногуни эзидони аносур ва соату рўз, дуою намозњои љашнњои шашгонаи мазњабї ва тартибу интизоми дигари динї низ вањдату људоинопазирии моддиёт ва маънавиёт ба мушоњида мерасад. Мардумон дар намозњои рўзонаю шабонаи худ дуои афзоишу љону моли сарварони худро мекунанд. Ба онњо хусусиятњои бењтарини инсониро нисбат дода, дар намозњои худ адолату додгустарии онњоро хостгор мегардиданд. Аз он љумла, дар  ниёишњо ба чунин бандњо бармехўрем: «Дар гоњи намози бомдод: —Ниёишу дуруд бод дехбони судбахши пок, саромади покї ва порсоиро. Дар гоњи намози нимрўз:—Ниёишу дуруду ситоиш бод нимрўзи пок, саромади пок, саромади покиро. Ниёишу дуруд бод шањрдори мардумпарвари пок, саромади покї ва порсоиро. Дар гоњи пешин: —Ниёишу дуруд бод пешингоњи пок, саромади покиро. Ниёишу дуруд ва ситоиш бод кишварбони  диловарпарвари пок, саромади покї ва порсоиро. Дар намози шом: —Ниёишу дуруд бод шомгоњи зиндагибахши пок, саромади покиро. Ниёишу дуруд бод пешвои покро, ки саромади покї, порсої ва парварандаи њамаи хубињои зиндагї аст. Пас, мардумон дар чор ваќт намози худ дуои адолату додгустарии роњбарону сарварони дењ, шањр, мамлакат ва пешвои мазњабиро карда, танњо дар намози нимашаб рифоњи хонаводаро, ки њастии асосии љомеа аст, хостгор мегардад…
Албатта, барои аксарият ин як њодисаи муќаррарї буд, вале рўирост сухани мубадро нашикаста, эњтироми сухан—неруи эзадиро ба љо оварда, дар айни замон аз дилбазан шудани нутќи пурљўшу хурўшонаш огоњ карданд.
Њирбадон њирбад низ аз суханронии Дулакеста безор шуда пурсид:   
—Пас, ту гуфтаи Зардуштро тасдиќ мекунї?
—На…
Њоло Дувлакаета хатои худро фањмид, вале ба зудї аз шасташ гашта дигар кардани фикр ба ў душвор буд, бинобар ин бо сар ишораи рад карду суханашро то охир давом дод ва дар ин муддат, ки забонаш њарф мезад, сари бемаѓзаш сухане љуст, ки њар он чи ки худаш мегуфт, рад кунад:
—На, на, на! Бубинед, бартарин дуо—дуои махсусест, ки ба номи «Офарини Шањриёрї» маъруф аст. Дар асоси ин ниёиш дуои шањриёр чунин ба амал меояд: “Барои шањриёри кишвар болотарин тавоноињо, болотарин пирўзињо ва болотарин фармонравоињоро хосторем. Орзумандем, ки шањриёри мо пойдор бимонад ва аз зиндагии дарозу тандурустї бархурдор бошад. Нерўи тан, дурустии тан, пирўзии худодод ва сарфарозї барои фармонраво орзумандем, то бар бадандешон чира гардад ва бар душманон пирўз шавад ва кинтузонро бо як задан аз миён бардорад. Орзумандем, ки ў њама душманону каљандешонро нобуд кунад. Подоши нек, некномї ва осоиши равон барои ў хоњонем. Барои ў дарозии зиндагиро хосторем, то накўкоронро хушбахт созад ва бадкоронро ба кайфар расонад”.
Братрокрештур  маљбур шуд, ки ин навбат худ мудохила карда саволи њирбадон њирбадро такрор намояд ва дар айни замон њушдор дињад, ки агар тарафи ўро гирифтанист, дурусттар бигирад:
—Мўњтарам Дувлакаета, ту барои ман чу вахшури эзадонї, бузургї, ради менуї њастї, аммо бигўй, ки даъвои Зардуштро тасдиќ мекунї, ё маро тарафдорї?
—Албатта њама љону тани ман ва неруи менавию гетиёнаи ман зидди Зардушт ово медињад: ин њамаро ба он гуфтам, ки мардум њамеша рў љониби эзадон доранд ва ин ниёиш на ниёишест ба хотири ситоиши шањриёру дањйупати, балки фаќат воситает, ки маљбур мекунад њамеша рўй ба љониби эзадон дошта бошанд. Вагарна мардумин худ кистанд, ки аз эзадон барои шањриёр неру ва хушињо металабанд? Шањриёр худ тавонад ниёиш кунад ва эзадон овои ўро бењтару бештар шунаванд, ки мардумон зиёданд, аммо шањриёр якест. Мардумон бигзор бо кори бечорагии худ машѓул шаванд. Ва мавриди зарурат љазои сазовор додани онњо вољиб аст.
—На,–эътироз кард Зардушт.—Сухан дар бораи инсон, инсони озод, инсони зањматкаш, инсони азнавсозандаи љањон меравад! Сухан аз коста шудани фарраи ориёї меравад!
—На танњо аз шикастани сару гардани чанд ходимак, балки агар нисфи мардуми пойлучу урён бимиранд, на фарраи ориёї коста шавад, на чизи дигар.
Он рўз  эњсоси нохуши беадолатињои дар миёни мардумон дидаву шунидааш Зардушти Спитмонро ба шўр овардаанд, ки бидуни эњтиёт сухан гуфтан гирифт ва худ ба ёде наовард, ки ин гуфтањо аз ќонуну ќойидањои муайяннамудаи њокимону мубадон аст, ё хулосаи худ. Аз он љумла, бузургиву манзалаи инсон дар васфи ў  аз њадди тасаввури мардуми он замона хеле бурун рафт. Махсусан, ин сухани Спитмон Зардушт комилан нав буд:
—Инсон ангуштарини заррини љањон, василаи асосии Ањура Маздо дар ободонии олам аст. Эзад љањонро барои ў офарида, аз ў хостааст, ки гетиро бо майлу хоњиши худ зебою рангин намояд. Бунёди Андешаи бад—хашм, душманї, хусумат, рашк, њасад, хислатњои зишти дигар аст, бо табиати хислати одам созгор нест ва он боиси харобии гетї ва худи одам мешавад…
Братрокрештур њам аз ривояту асотири бостон бохабар буд, вале ё табиаташ чунин сиришта буданд, ё нопокї дар ќалбаш чунон роњ ёфта буд, ки танњо мадракоти ба худаш фоидамандро мисол меовард. Бинобар ин, аз таърихи ба ёд овардааш пешакї ќонеъ шуда, шодона гуфт:
—Кайумарс њам муќаддами мардуми замони худ буд ва аз њамаи онњо ќавитару нерўмандтар, вале мардумро водошт, то шоње дар миёни худ баргузинанд ва пешвое таъин кунанд. Онњо дарёфтанд, ки саркашї, кина, љабборї ва хашму нафрат хислати фитрии мардумон аст ва танњо бимнокию тарс метавонад бадкоронро аз бадї боздорад. Чунин буд?
—Бале, бале,—хушомадкорона тасдиќ намуд Дувлакаета.—Њакимона гуфтї. Инро бо хати зар мебояд навишт.
—Пас, —Братрокрештур нафаси озод кашида, ѓолибона ба атрофиён назар андохт.—Пас, њокимон дар партави худовандї бояд сахтгир бошанд ва њуќуќ пайдо кунанд, ки ба зердастон љазои сазовор дињанд. Ва чунин сахтгирї аз љониби мо гуноњ нест.
Вале эътирози Зардушт бештар гардид:
—На, чунин нест. Мутобиќи навиштањои ин китоби муќаддас њар он подшоње, ки аз роњи поки Ростиву Дурустї баргашта, љањони Ростиро олуда созад, фуруњар аз ў рўй метобад ва тољу тахташ ба бод меравад. Њатто шоњ Йима (Љамшед) – нахустин шоњи мардуми ориёї, то замоне пирўзманду комгор буд, ки кибру ѓурур ва худситої аз худ  нишон надод ва дурўѓ ба забон наовард. Вале чун њамин гуноњон дар ў падид омад,  фарр аз ў дар шакли шоњине ё уќобе људо шуд. Њамин, ки фарр Љамшедро тарк намуд, вай ба мурѓи паркандаи бемуњофизате шабоњат пайдо кард, ки њар кас метавонист ўро маѓлуб намояд. Ва бефаррии шањон љабри зиёд бар раият оварад. Бино бар он, ба зудї Зањњоки морон ба ў даст ёфт, подшоњиро аз вай бигирифт ва ба мардуми ориёї њазор сол љабр кард. Магар чунин нест, мўњтарам Дулакаета?
—Ња, —беихтиёр тасдиќ кард њаместори нотандењаш, ки боз худрову анљуманро фаромўш карда, хаёлан гирди хони зиёфати имшабаи Братрокрештур сайр намуда, тасаввур мекард, ки чи луќмањои лазиз хоњад хўрд. Аммо аз нигоњи барќвори Братрокрештур тарсида, илова кард: —Ња-ю, ту аз устурањои куњан афсона мехонї, лекин… њаќиќат чизи дигар аст: Шоњидони њол бар онанд, ки нофармониву танбалии ходимони кармакори Братрокрештур аз њад гузаштааст. Ин магар аз рўи инсоф аст, ки Братреши бечора њам ба онњо музд дињад ва њам хушомад занад?
Братрокрештур шод шуд ва боз худро ѓолиб эњсос кард:
—Ростї њаст! Ростї бо мост!
Ин њоли Братрокрештур —дар ноќулайтарин мавридњо худро њаќ шуморидан ба ў ќувват мебахшид ва њамнишинон ё аз эњтиром, ё аз муттањамї, ё аз андешаи бо бад баробар нашудан маљбур буданд, ки дар вуљуди ў як њаќиќати бањснопазирро эњсос кунанд.
Дулакаета њам ба ў имо карда суханашро ислоњ намуд:
—Эдун бод, Ростї ва Дурустї њаст.
Вале Зардушти Спитмон, ки дар умќи маънї ва кирдорњои мардумони бостон ва имрўзї саргардон буд, парвои зоњири пурѓурури ўро надошт, дар тору пуди вуљуди ў гуноњњои бузургу кўчакро медид. Ва азбаски худ њамсояи наздик буда, худ шоњиди дуруштињои ў буд, асли воќеаро гуфта, беихтиёр ва берун аз ќойида шоњидони дурўѓинро дашноме дод:
—Мардони кару нобино, ки на мешунаванду на мебинанд, даст ба дасти њамдигар доданд, то ба кирдори зишту палидашон љањонро ба вайронї кашонанд. Ман худ њамсояи Братрокрештур њастам ва ба чашмони худ мебинам, ки чи корзори нангине дар он њаволї њукмфармост. 
Мубади мубадон дид, ки кор аз кор мегузарад ва доѓи лаънат њатто ба домани шањон расидан дорад, хостори он шуд, ки муњити шадиди мурофиаро сода гардонад. Ба ин хотир луќмае партофт:
—Шояд ин кори деви зишт Аишма бошад, ки бар мубадёр Братрокрештур чира гаштааст? Ба ў фармоем, ки ќурбонї бидињад ба деви хашм –Аишма, ки ўро дигар нороњат насозад ва ба ходимони сару пойшикастааш ѓамхорї кунад ва нафаќаи онњоро бидињад.
Он замон яке аз роњњои њалли масъала чунин њам буд. Мубадёр Дулакаета, ки њамчун хушомадгўй ва лаганбардори мубади мубадон низ машњур буд,  сухан пурсид ва пешнињоди  сарварашро ќувват дода ба ситоиши ў пардохт:
—Бузургтарин сухане, ки дар сад соли охир гуфта шуд, њамин аст: Ваќте, ки инсон тањти таъсири хашм ќарор мегирад, на танњо назорати худро аз даст медињад, балки аксаран аз “чорчўбаи” инсонгарї хориљ  шуда, ба корњое даст мезанад, ки берун аз њадди аќлу идрок аст. Дар ин замон Аишма саропои вуљуди вайро чунон устодона фаро мегирад, ки инсон дар пеши назари худ ѓайр аз ниќорталабї, ќасос, шикастан, нобуд кардан чизи дигаре намебинад. Бинобар ин, зарур аст, ки Братрокрештур гове барои деви Аишма ќурбонї кунад. Ин њама айби дев Аишма аст.
Чунин ќазоват кардани масъала, њарчанд мусолењатомез ва ба фоидаи ў буд, ба Братрокрештур писанд нашуд, зеро ки обрўи ў коста мегардид. Бинобар ин,  эътироз кард:
 —Асли воќеа на ба ин њаддест, ки ман аќлу хирадамро бохта бошам.
Аммо ба пиндори Зардушт ин њукм камоли беадолатї мебуд. Ўро бештар на худи воќеа, балки муњити тазъиќовари бењудудии гуфтору кирдори зишти њамзамонон, сўиистифода аз сарвату тавоної, зуњури даѓалї ноором мекард. Бинобар ин, бо њамон тамкин, вале эътирози шадид идома дод:
— Касе, ки худро аз љабру ситами марди бадкору золим рањо созад, дўсту ёвари эзадон хоњад буд. Ва касе, ки ситамгорро тарафдорї кунад, худ ситамгар хоњад шуд. Мардумон барои нобуд кардани зўру ситам офарида шуданд ва мањз адлу дод мањаки кирдори нек аст ва бењтарин чизест, ки дар њама љо бояд љомаи амал пўшад.
Дигар мубадёрон низ чун диданд, ки ќазия торафт мураккабтар мешавад, пешнињод карданд:
—Братрокрештур ќурбонї бидињад бар девон, то ўро нороњат накунанд. Аслан ин гуноњи бузурге нест.
Зардушт дар мавќеи худ устувор истод:
—Њаргиз. Чи тавре ки ќурбонї бар эзадон бо маниши бад мумкин нест, ќурбонї бар девон бо маниши нек низ ќобили ќабул нест. Бори гуноњро низ ба дўши дев партофтан шоиста нест. Братрокрештур њамеша бар саманди ѓазаб савор аст ва бояд подоши гуноњаш кайфар барад.
Тоќати Братрокрештур тоќ шуда, эътироз кард:
—Бањои ин њама ростию кажї дар охират муайян шавад ва доварон дар осмонанд. 
Ин луќма ба бисёрињо писанд омад. Зеро ки аксари њозирин сарватманд буданд ва худ ходимону ѓуломон доштанд. Бинобар ин пешнињоди њирбадон њирбадро тарфдорї кардан гирифтанд:
—Барои дев Аишма ќурбонї дињад…
Вале ба ин њам Зардушти Спитмон сухане гуфт, ки аз доираи тасаввури њозирин берун рафт:
—Ин замон шумо дар чанголи тарсњои кўдакона аз ояндаи пур аз биму њарос рў ба рў њастед, вале ростии варљованд њамин аст, ки подоши бињишт ва, билохира, дўзах дар њамин љо, дар рўи замин аст ва дар замони зиндагонии мо расад. Ва мо бояд худро њар рўзу њар соату њар лањза аз дурўѓу нопокї ва каживу костї рањо кунем. Ва барои девон ќурбонї додан хатост. Инро хиради нек ќабул надорад.
Он гоњ Братрокрештур ошуфта гардид ва даъво кард:
—Ман њам мубадам, вале чунин суханро дар ягон гуфтори мубадони бузург нашунида ва дар ягон навиштањои динї нахондаам. Пас ин сухан дурўѓ аст. Мубадон њаќи дурўѓ гуфтан надоранд.

Дар Ориён вайљањ аз ќадим Дуруљ, ё худ дурўѓ муќобили Ростї ќарор гирифта, њар ашёю падидаи ѓайри асил, сохта, ќалбакї, ѓайримоддї ва ба хусус соњирї, љодугарї, чашмбандї ва амсоли онро дурўѓ меномиданд. Дурўѓгўї барои ориёнии поку асилу беолоиш мазњари беномусї, бешарафї, шумї, каљандешї, аломати фасоди љисмонию маънавии фард њисоб мегардид, шахси дурўѓгў ангуштнамои мардум аст, ваќте, ки бори сеюм дурўѓгўеро фош карданд, љазои шадидтарин, ки бо марг баробар буд, дода, аз авлод, ќабила, дењ, ё шањр хориљ мекарданд. Дар ин сурат вай аз тамоми њуќуќњои шањрвандї мањрум гардида, маќоми худро дар љамъият аз даст медод, сарват ва боигарии худро гум мекард. Бино бар аќидаи орёиёни бостон гўяндаи дурўѓ на танњо худро ба гирдоби нобудї меандохт, балки дурўѓи гуфташуда болои наздикони ў низ сояи зишти худро меафганд. Ба аќидаи ниёгон ба њар андоза, ки дар љомеа дурўѓ бештар гардад, бунёди суботи он суст гашта, файзу баракат аз он дур мешавад. Аз њамин сабаб эзадон таъкид мекунанд: «Ту, эй касе, ки баъдњо шоњ хоњї шуд, махсусан аз дурўѓ бипарњез, агар туро низ орзуи он аст, ки мамлакати ман пойдор бимонад, њар ки дурўѓ гуфт, ўро ба сазои сахт бирасон»...
Бале, дар як мурофиаи дар назар муќаррарии Братрокрештур ва додгустарии Спитмони Зардушт, ки дар сарнавишти њар кадом нишастагони ин ќазия наќши муњим гузошт, гўиё тамоми буду набуди ќонунњои Аши, Ростї , Дурустї,  ќонунњои баќои инсон, ќонуни абадияти њаёт муайян мегардид. Дар асл, додситониву додгустарї њамеша чунин манзара дорад, ё неруи некиро њимоя карда, боиси афзунии он мешавад, ё тарафдори бадї шуда, боиси харобтар шудани олам мешавад.
Мубади мубадон, ки чунин гуфтугузорњои донишмандонаро дер боз пазмон шуда буд, аз Зардушт пурсид:
—Эй Зардушти Спитмон, пури Пурушасп, ту ба ин даъво чї гўї?
—Ин њама аз китобњои хирадмандони пешин аст.
—Вале на аз ќонунњои эљодкардаи мо!?
—На. Бисёр ќонунњо фаромўш шудаанд. Аммо мебояд, ки ононро бо ќонунњои Аши, Ростї , Дурустї мукаммал намуд. Барои њар як ориёї гуфтањои бузургони пешин ва хиради ниёкон мањаки зиндагист.
Ин гапи нав буд ва аз љониби аксарият писандида нашуд. Мубадёри хушомадгўйи Братрокрештур аз ин саргумии бамиёномада истифода карда, филфавр ба њуљум гузашт:
—Маълум, ки ѓаризаи Спитмон Зардушт аз њад гузашта, густохии худро худ ба гардан гирифт. Даъвогари онам, ки њама даъвоњои ў бекор шавад. 
Братрорештур ба хубї эњсос кард, ки бори аввал дар мавќеи мубади љавон Спитмон Зардушт рахнае падид омад.
—Дурўѓ бадтарин гуноњ аст ва подафраи он Пешутану шудан аст! Зардушти Спитмон дар назди ањли љомеа, дар назди аъзои њанљамана  дурўѓ гуфт! Пас бар ў бо даъвои ман њукм бикун!
Њама ба мубади мубадон нигаристанд.
—Њукм бар туст, мубади мубадон.
Ў худро ноњинљор эњсос кард. То ин замон ў дар мурофиањо адолатро пос медошт, бинобар ин ба эњтироми шањрвандон сазовор гашта буд. Њоло њам хост айни адолатро барќарор кунад. Бинобар ин, њарчи аз китобњо хонда буд, аз пеши назараш гузаронд. Вале афсўс хўрд, ки дар ягон китоби хондааш ва гуфтањои устодонаш чунин суханњоро нашунидааст.
Бинобар ин дубора пурсид:
—Зардушти Спитмон, ту даъво мекунї, ки ин гуфтањо аз китобњои динист?
—Бале, мўњтарам мубади мубадон.
—Ту он навиштаро оварда метавонї?
—На…
Њамоно нидоњои эътирозомези мардум баланд шуд:
 —Оњ…
—Чи хел?!
—Э-ээњ, мо ќариб бовар кардем.
—Афсўс, чи хел зебо буд…
Зардушт дид, ки чи ќадар њаводоронаш зиёданд. Афсўс аз дареѓи онњо хўрд ва ба мубади мубадон рўй оварда гуфт:
—Ваќти њуљуми роњзанон ин китобњо сўхтаанд.
—На. Ќонун намесўзад!—эътироз кард Братрокрештур.
—Бале,— тасдиќ карданд беихтиёр нишастагон.—Чи тавр ќонун месўхтааст?
Воќеаи њуљуми роњзанони кўчї ва сўхтани китобњо ба њамагон маълум буд, аммо касе ањамият намедод. Азбаски ќонунњо ба мисли наску ниёишњои динї аз дањон ба дањон, аз сина ба сина меомаданд, дар тасаввурашон чунин буд, ки њама чиз фаношаванда аст, бидуни ќонунњо. Ќонун дар оташ намесўзад, дар об ѓарќ намешавад, нест намешавад.
Братрокрештур мавридро мувофиќ дониста, эътироз кард:
—Бар Спитмон Зардушт деви Дуруљ чира гаштааст! Фосидии Дуруљ аз кирдори Аишма камтар нест! Ман њам мубадам, ман њам донандаи наскњои ќадимаам. Ва ман тасдиќ мекунам, ки чунин гуфта ё навишта вуљуд надорад. Зардушт барои ѓаризаи нопоки худ аз номи худоён суханњо бофта, сояи шаку шубњаро ба рўи эзадон меафканад ва онњоро инкор мекунад!
—Њарчи мегўям, аз фармудаи навиштањо ва ба номи худоњо мегўям.
Братрокрештур аз худ бехуд шуда, фиѓон кард:
—Модоме ки мубад чунин даъво мекунад, бояд аз варангња гузарад!
Ў, албатта, бидуни ихтиёр ин суханро гуфт ва њељ гумон надошт, ки ин пешнињод аз љониби њамагон пазируфта мешавад. Дар толор низ њамчунин даъвои як марди бедард ќабул гардид. Аммо дар дили мубади мубадон шубњањо зиёд буданд. Мубади пир дар сари андешањои аз кадомин китобу гуфтањои динї бар омадани гуфтањои Зардушти Спитмон дармонда буд. Оќибати ин кор номуайян буд. Ин пири хирад аз як љониб эњсос мекард, ки гуфтањои Зардушти Спитмон нав ва бар нафъи мардум аст, вале набудани ягон далел намегузорад онро ба манфиати кору дин истифода баранд. Оянда дар сари њар масъала чунин сухани бикри бедалел падид омадан гирад, оќибати кор чигил ва маљњул хоњад шуд. Бинобар ин, барои санљиши Зардушт даъвои тарафи Братрокрештурро фавран манъ накард. Дар гўшаи дилаш умед дошт, ки Спитмон Зардушт пушаймон шуда, суханашро пас мегирад. Ва ў фурсат меёбад, ки ин њама гуфтањоро дар танњої санљида њаќу ботилашро људо бикунад. Аммо Спитмон Зардушт дар мавќеи худ истодагарї кард.
 Ин калавиши мубади мубадон ба мубадёри хушомадгўй Дулакаета чун обу њаво зарур буд. Ў сари бемўйи худро бо кафи даст молиш дод, риши кўтоњашро бо салобати беандоза бо ангушт шона зад ва боз ба њуљум гузашта, бо таќозои одат,  беихтиёр  мубади мубадонро њам андак ситоиш кард: 
—Мубади мубадони шањри мо одилтарин додварз аст ва мояи ифтихори њамагон аст ва ин замон аз номи њамаи мо ва аз номи шоњ њукм мекунад.
Нигоњи њама ба мубади мубадон дўхта шуданд.
Дулакаета зиёдтар ба хушомад пардохт: 
—Њукми мубади мубадон њукми эзадон аст.
Дили одамї аљиб аст, мубади мубадон аз чунин ситоишњо дур буд, вале дар он лањза дар роњравњои кохи дониши њамаљонибаи худ дармонда, чизи заруриро пайдо карда наметавонист, ин ситоиши нољои Дулакаета ўро тамоман аз роњ зад ва мањаки адлро лањзае фаромўш кард. Аслан ў чун марди хирад бо сари сафед эњтиёљ ба хушомад ва дастгирии касе надошт. То ин лањза хостори он буд, ки шубњаву гумони худро як тараф гузошта, ќазияро бе мушкилоти иловагї анљом бахшад, ки хоњу нохоњ ба фоидаи Спитмон Зардушт мебуд. Ва њатто он њолат, ки дар ин мурофиа Братрокрештур њамчун шахси тавоно ва маккор њамаи дигар мубадонро ба тарафи худ кашида буд ва ў худро танњо эњсос мекард, барояш чандон муњим набуд. Вале гуфтањои имрўзаи Спитмон Зардушт сари ўро гаранг карданд, бисёр ќонуниятњоро зери шубња гузоштанд ва ў худрову њамзамононро як андоза болотар аз дирўза дид, ба хубї эњсос кард, ки ќонунњои чанд дањсола пеш, ки ќисман аз љониби худи ў тањрир ёфта буданд, имрўз кўњна шудаанд. Зеро ки пеш љомеаи аз сармову бўронњои  Апохтар—Шимол  ба љануб њаракаткарда хеле кўчаку заиф ва њама дар сарвату хоставу ѓулом ќариб баробар буданд. Вале њоло муносибатњои нави мураккабе ба миён омада, бархе аз фурўши ѓаллаву бархе аз сарвати конњои зеризаминї хеле доро шудаанд  ва ин њолат ќонунњои нав талаб мекунанд ва ин бањси имрўза чандон содаву оддї нест. Аз ин рў, ба пиндори ў дар сад сол як маротиба мўъљиза рўй медињад. Ва ба ќароре омад, ки агар Спитмон Зардушт њаќ бошад, ин озмоиш барои ў гарон нест. Ва бо шарти пирўзї дар варангња ў метавонад ќонунњои Ашаро барои њамагон—пиру барно, сарватманду камбизоат љорї кунад.   
—Њукми худро бигўй,— талаб кард Братрокрештур
—Бењтараш аз озмуни песохт гузарад, —пешнињод кард Дулакаета ва зуд аз мавриди намоиши дониши худ истифода бурда ба шарњи он пардохт.—Песохт озмуни оњани гудозон буда, ба синаи ў оташи гудохта резанд ва агар ў њаќ бошад, ба осонї бигзарад… Оњани гудозон –озмоишест барои шинохтани керефакор аз гуноњкор ва ашаван аз дурванд дар рўзи пасин. Подош ва подафраи  њарду гурўњ аз мардон –маздаясна ва девясна ё пайравони дини  ростин ва пайравони кеши дурўѓин пас аз ин озмоиш дода хоњад шуд. Некї ва бадї, керефа ва гуноњ монанди зари сара ва носара дар баробари забонаи озари менуї ва тобиши оњан  гудохта њувайдо хоњад гардид. Дар он рўз пок аз нопок шинохта хоњад шуд ва он гоњ осеби пайравони Дурўѓ ва растагории пайравони Ростї нишонаи он озмоиши бузург хоњад буд. Гузар аз миёни хирмани оташ ё рехтани филиззи гудохта ба тан барои нишон додани бегуноњї аз озмоишњои маъмул аст.
—Вари оташ бењтар аст,—талаб кард Братрокрештур ва бо ин љараёни андешањои додварзро бурид. –Сиёвуш аз ин озмун ба осонї гузашта буд…
Ва сарвари анљуман мубадон мубади шањр  Аштра бо тамкини хоси одами худодўст, бо овози паст, андаке дудила шуда, вале бо ќатъият њукми шўрангези худро гуфт:
—Варангња… Варикафи дастшор… Барои њарду—даъвогар ва гунањкор.
Вар чанд намуд дошт ва ду навъ: Вари гарм, Вари сард.  Њангоми варангњаи гарм рўи синаи шахси шубњанок гудохтаи мис мерехтанд, ё аз кўњи оташ мегузарониданд. Варниранги сард низ шаклњои гуногун дошта бо нўшидани омехтаи гиёњњои мухталифи зањргуна, маъданњо, оби гўгирд, ё шохањои чўби муќаддас аз љониби шахси мањкумшуда ба амал меомад. Яъне шахси ба шубња дучор шуда барои тасдиќ кардани ростии худ бо нўшидани ин мањлули маргзой савганд мехўрд. Аслан, маънои тањтуллафзии истилоњи «савганд» хўрдан—нўшидани омезаи обу савканта -оби гўгирд аст. Ибораи «савганд хўрдан» аз њамин љост.
Ва ин садои паст чун нидои даъват, чун бонги хатар аз дару панљараи толори мурофиа бурун љаста, ба зудї дар тамоми шањрак  пањн шуд.
Ва шўре байни мардум бархест. Хурду калон, марду зан, донишманду бефарњанг хама ба шўр омада, як сухан мегуфтанд:
—Варангња!
Гўё тамоми фазои шањрро ин сухан пур карда,  њама девону фариштањоро танг карда баровард, дигар  ягон гап кирои гап набуд. Ин вожа асоси њамаи бањсњо шуд. Дењбон њам дар ин хусус андеша мекард, харбон њам.
—Вара!
—Варниранг!
—Варангња…

2. ЛЎЊРОСП ВА АРЉОСП
ар гўшаи дигари Ориёно, дар Бохтари зебои дорои дирафшњои арѓувонї корњои аз ин муњимтаре сурат гирифтанд. Шоњаншох Лўњросп хостори он шуд, ки ба шарафи љашни Њамаспатмадам базми бошукўње барпо кунад. Барои мењмонони хоса—шањону шањзодагон дар боѓи бузурги Балх, дар канори оташкада љой густурданд. Лўњросп мехост, ки тавассути гулњои шукуфони дарахтони гуногуни мева ба як љой гирд омадани њама ориёињои асилро таъкид намояд. Ба мањфил њама њокимони њафт кишвари ориёї даъват шуда буданд.
Арљосп кї буд?
Дар давраи њукмронии Манучењр—шоњи пешдодии кулли Ориёно банохост Афросиёб, шоњи ќисми Туирйа— як пањлуи дигари Ориён вайљ зуњур мекунад ва бар Манучењр чира гашта, њокими тамоми Тўрон ва Эрон мешавад. Дар асоси маълумоти муаррихон, Афросиёб аз њудуди мамлакати Манучењр баромад ва зоњиран барои гирифтани ќасос аз хуни Салм ва Тур хурўљ кардааст. Афросиёб Манучењрро ба муњосира гирифта ўро шикаст дод. Шоњи пешдодї ноилољ сулњ кард. Дар мукотиба ду шоњ ањд карданд, ки барои муайян кардани марзи Эрону Тўрон камонкаши орёї тире аз камони худ рањо мекунад. Љои афтодаи тир марзи ду давлат мешавад.
Ба ин ният Ораш баргузида шуд, ки марди шарифу њаким ва диндор буд.
Ораш барањна шуда бадани хеш ба њозирон нишон дод ва гуфт:
—Ай подшоњ ва ай мардум, ба баданам бингаред, маро захму маризе нест, вале яќин дорам, ки пас аз андохтани тир порча-порча шуда, фидои шумо хоњам гардид.
Пас аз он Ораш даст ба чиллаи камон бурд ва ба ќуввати худодод тир аз шаст рањо кард, вале худ љон ба њаќ таслим намуд. Худованд ба бод амр фармуд, то тирро њифз намояд. Он тир аз кўњи Рўён ба аќсои нуќтаи машриќ ба Фарѓона ба решаи дарахти чормаѓз, ки дар дунё аз он бузургтар набуд, нишаст. Он мавзеъро сарњади Эрону Тўрон ќарор доданд.
Садсолањо байни авлодони ду шањзода—Тур— туирйа ва Эраљ— аирйа љангу љидолњо идома дошт ва хеле дертар бо тасмими Кайхусрав басанда шуд. Кайхусрав Лўњроспро подшоњи Ориёно таъин кард, вале дар канорањои Тўрон номбарони Афросиёб –Арљосп ва бародаронаш њокимиятро ба даст гирифтанд. Ва боз дар осмони ориёно абрњои тира гирд омаданд. Бо вуљуди он ки њама фарзандони як халќ буданд, њама бо як забон њарф мезаданд, як дин доштанд, афсўс, ки њамдил набуданд. Корвонњо ѓорат мешуданд, сари обро гоњ ин љониб, гоњ љониби дигар мебаст. Њама љангњои бузург аз як сухани нофорам, аз як ѓорат, аз як куштор, аз як шохаи рўди об сар мешавад. Ва пас саросари љањонро фаро мегирад.
Барои бастани пеши роњи оташи љанг ва сарљамъ кардани ќавмњои њамхуну бо њам љонпайванди ориёї Лўњросп ба ин иќдом пардохт. Ва азбаски дар байни ќавмњо мањз фарзандону пайвандони Тур бештар ба њаместорї дар омада буданд, аввал ба Арљосп мурољиат кард. Пас аз он, ки Кайхусрав тољи шоњаншоњии Ориёноро ба Лўњросп бахшид, дар сарзамине, ки садсолањо пеш Фаридун ба писараш Тур бахшида буд, аз љумлаи наздикону пайвандон нафареро сарварї мефармуданд ва ин бози навбат њоло бар сари Арљосп нишаста буд. Дар бораи феълу хўй ва тарзи давлатдории Арљосп маълумоти хеле кам ва якљониба мављуд аст. Вале гумони ѓолиб он аст, ки дар сарзамини ориёињои бомаърифат шоњи љоњил наметавонист дер њукмронї кунад. Зиёда аз он, Арљосп баробари Лўњросп ва дертар писари ў Виштосп кордории зиёде мекард ва гоњо дар набардњо ѓолибият низ ба даст медаровард. На танњо њисси маѓшуши аз љониби ќавми амакбобояш Эраљзодањо кушта шудани падару бобоёнаш ва тайи садсолањо ба нияти ќасос идома ёфтани љангу хунрезињо ва хавфу хатари доимии љангњои нав ва хунхоњии нав, балки фикри васеъ кардани мулк, неру ва тавоної аз њисоби ќавмњои њамхуни аирйа намегузошт, ки Арљосп ба амузодањояш мењри самимї дошта бошад. Зиёда аз он, идора кардани мулки бузург бо марзи бузургаш кори чандон соддае набуд ва аксари њодисањои нохуш ба мисли ќатлу ѓорати корвонњо ва ё оташ задани дењоти наздимарзї бидуни огоњии ў сурат мегирифтанд. Инро Лўњросп низ бахубї дарк менамуд. Аз ин рў, бо эњтиёт ва эњтироми хеле зиёд номае навишт ба Арљосп, сипас ба њокимони Доха, сайиримињо, ва дигарон.
Дарвоќеъ, боѓи пургули мевањои гуногун бо накњати аљиби гулњои садранг њозиронро масту шайдо карда, ишора бар он менамуд, ки дар якљоягї њафт кишвари ориёї метавонанд гулистони бињиштосое гарданд.

Њама дар шањрак фаќат аз боби варангња бањс мекарданд. Њама, хурду калон, артешторону кишоварзон, њатто зани бадзабон Воњукерета низ. Ваќте ки ў ба њамсояаш Вананди њамеша хомўшу бењаракат бидуни ањамияте, чун одат дар бораи рўйдодњои охири шањр њикоят кард, мўйсафеди солиёни зиёд хомўш нохост ба сухан даромад:
—Вар!? Киро имтињон мекунанд!?
Кампири Воњукерета аз вокуниши мўйсафед такон хўрда, ба таги гиребонаш туф карду пасттар ва бе воњима гуфт:
—Пури Пурушасп —Зардушти Спитмонро.
—Кї?
—Њирбадон њирбад бо даъвии Братрокрештури золим.
—Барои чї?
—Даъво кард, ки барои ѓуломаконро заданаш Братреш Пешутану хонда шавад ва муњимаш, мегўяд, ки ба девон ќурбонї дода баракат талабидан шоиста нест. Гўё ин дар китобњое будааст, ки имрўз нест шудаанд. Ќонун њам нест мешудааст?!
—Кай?
Зани љавон аз ноњинљории њамсояи пираш  тарсида, бидуни одати доимии худ, ки њама чизи даркору нодаркорро ба пирамард гуфта, бо њамин мехост доноии худро аќаллан дар назди ин пирамард исбот кунад, ё  бо њамин дарду ѓами танњоии доимии худро бартараф созад, тафсилоти воќеаро нагуфт. Фаќат аз донистани асрори зиёде ифтихор карда, лоиќ дид, ки боз ба як саволи њамсоя љавоб дињад:
—Пагоњ. Баъди намози шом. 
Вананд дигар чизе напурсид ва боз хомўш монд. Вале як љунбише дар вуљуди ў ба амал омад ва чашмонаш об гирифтанд. Ў ёздањ сол инљониб, аз њамон шабе, ки роњзанњои кўчии чодарнишин омада, молу мулкашро ѓорат, писари ягонааш ва ду духтарашро ѓулом карда бурда бурданд, хомўш асту гўё аз њама кори гетї дур шуд, вале ў медонист, ки ин варангња чист.
Дили мўйсафед аз чизи дигар ба риќќат омад. Њамон шаби нањс, ёздањ сол ќабл роњзанон њама колои хонаашро рабуданд ба љуз чанд китоби ў. Ёздањ сол инљониб он набиштањо дар гўшаи тоќчаи кулбааш мехобиданд. Вале субњи њамон рўз љавоне аз номи Дулакаета омада, худро донишомўз хонду бо илтиљо онњоро гирифт. Њоло дарк намуд, ки бурдани он китобњо ба вари пагоњ воќеъшаванда чи рабте дорад. Дилаш ба Зардушти Спитмон сўхт.
 Вананд бархост ва ба асо такйакунон оњиста-оњиста ќадам зада бори аввал баъди 11 сол рафт ба маъбад.

3. ЗАРДУШТИ СПИТМОН

Худи Зардушти Спитмон, узви љавони њанљамана, мубади пурдониш, њарчанд мањз ба ў зарур меомад, ки дар чунин имтињони сангин дурустии даъвии худро собит кунад, аз ин парвое надошт. Вале дар маъбад касе осуда набуд. Њама дар андешаву такопўй буданд. Бархе  аз мубадон Зардушти љавонро розї кунондан мехостанд, ки аз фикраш баргардад. Њатто устодаш —нахустпизишки доною барўманд Трита, ки марди љасуре буд, даъват намуд, ки бори дигар андеша кунад:
—Ман нагўям, ки чунин гўй, ё чунон, аммо ин соат бењ он аст, ки деви ѓурур —Нонгњаитйаро аз худ биронї ва аз осоиши љони худ андеша кунї.       
—Сипосгузорам, устод. Аммо ростї волотар аз њаёти ман аст.
—Ман ба ростии ту шак надорам, аммо туро мазњар кофї нест. Чи тавр исбот мекунї?
—Бо варангња…
—Оњ…

Трита нахустин пизишк ва дармонбахш дар рўи замин аст. Спитмон Зардушт њамеша суханњои ўро ба љон иљро мекард, ба хотири устоди худ ба духтари дувуми худ Трити ном гузошта буд. Аммо имрўз устод эњсос кард, ки шогирд ба зинаи хеле баланди камолот расида, њаќшиносии ў аз њадди муќаррарї болотар рафтааст.  Дигар бидуни умеде бар дигаршавии њол изњор намуд:
—Ба њар оин, амали ту худкушї аст. Ва худкушї дар назди офаридгор гуноњи сангин аст. Дар оташи дужангња хоњї сухт.
Зардушт гуфт:
—Росташ, бињишту дўзахи маънавї танњо навъи зиндагии оянда аст, ки онро мардум бо фањм мепазиранд ва мудом дар чанголи тарсњои кўдакона ба як ояндаи пур аз биму њарос рў ба рў њастанд. Вале подоши бињишт ва, билохира, дўзах танњо аз дарун аст. Ва ман њоло месўзам дар оташи дўзахи Дуруљ…
Шогирдпешаи дигаре, ки Зардуштро аз дилу љон дўст медошту дар ваќти мурофиа аз надоштани далеле хомўшї ихтиёр карда буд, њоло пурра ба њуљум гузашта, эътироз кард:  —Чаро ба ту чунин љабре раво диданд? Одатан се гуноњи азим аст:  нахуст, касе ки алайњи салтанат бидъат намояд, дувум, касе, ки аз дин баргардад ва савум касе, ки бар дигаре зулм кунад. Ду гунањгори аввалро фавран эъдом мекунанд, савумиро ба мањкама кашида, чизи дуздиашро бар гарданаш меовезанд ва ба занљир баста ба зиндон меафканданд. Андозаи занљир ба шиддати гуноњ буда, он аъзои баданро, ки муртакиби гуноњ аст, ќатъ мекунанд. Гунањгорони шадидро дар макони нописанд њабс менамоянд ва мутобиќи гуноњашон љонварони зарарнокро рањо мекунанд. Вале ин њукми эъдом аз тарафи шоњ сурат мегирад ва њамон ваќт, ки фарде ба шоњу мењан хиёнат карда бошад. Чаро мубади шањр ин њукмро дар њаќи ту раво дид?
—Ба њар амали кўчак  шоњро овора кардан нашояд,--њазл кард Спитмон Зардушт. 
—Ин њукм одилона нест…
—Њукм гуфта шуд. Онро бояд иљро кунем.
Шогирд бо он ки аќаллан эътирози худро баён дошт, то андозае аз худ розї шуда, вазифаи худро иљрошуда њисобида, хомўшї ихтиёр кард.
Ин замон Вананди пир чун шабањ ба маъбад омад. Њама аз дидани ў ба њайрат афтода, ба эњтиромаш бархостанд. Вананд ба касе ањамият надода, ба Спитмон Зардушт нигарист ва аз бењолї сар ба осмон карда, бо овози паст гуфт:
—Сафолнавиштањои маро имрўз раќибони ту рабуданд. Вале дар он њам чизе аз гуфтањои ту нест. Аммо ту њаќ њастї. Дилам гувоњї медињад, ки дар гетї як ќонуни менувии нињонии Ашї њаст. Онро бояд дарёфт. Агар ин ќонун намебуд, ориёињо кайњо фано мешуданд. Вале онњо абадї мемонанд ва рўз ба рўз шодию нишоти онон афзун мегардад. 
Вананд дар хусуси ќонунњои оини Бон њарф зад:
—Њарчанд сухани ман барои шумо афсона аст, њанўз понздањ њазор сол пеш ниёгони мо навишта буданд, ки наљотбахшони мо меоянд. Дар рўи замин беш аз њазор наљотбахш меояд, беш аз њазор Тонпа Шенраб меояд. Њама гуфтањои Зардуштро ман тасдиќ мекунам, он њама аз китобњоест, ки чордањ њазор сол ќабл дар оини Бон навишта шудааст. Он китобњоро Зардушт нахондааст, вале њама гуфтањои ў аз он китоб аст. Пас, ў наљотбахши мост.
—Кї?!
—Зардушт. Охир ўст, ки њама суханњои оини Бонро бе он, ки аз устоде бишнавад, ва ё он китобњоро бихонад, имрўз мегўяд. Ў он суханеро мегўяд, ки эзадон фармудаанд. Пас, ў фиристодаи осмонњост, эзадон фармудаи худро бо забони ў ба мардумон мерасонанд.
Дулакаета, ки аз куљое њозир шуда омад, аз ин ибрози назари Вананд ба шўр омад, сухани љавобие наёфта, ба љои дардноки ў зарба зад.
—Устод Вананд, шуморо эњтиром мекунем, аммо оини шумо дигар аст. Ва њоло шом шуд, ваќти ниёиш расид. Мо ба ниёиши шумо халал намерасонем, шумо њам, лутфан ба мо имкон дињед.
Дигарон норозї бошанд њам, аз нигоњи Дулакаета тарсида, хомўш монданд.  Ин ишора бар он буд, ки Вананд ба хушї маъбадро тарк бикунад. Зеро ки ниёишгоњи пайравони оини Бон дигар буд. Вананд суханро дароз накарда бархест ва афсўс хўрд, ки ба ў ањамияти зарурї надоданд. Вале чун ба назди дари маъбад расид, баргашта ба Трита нигарист ва илтиљоомез гуфт:
—Бовар кунед, Зардушт наљотбахши мост, фиристодаи осмон аст, осмон ўро барои наљоти мо фиристодааст. Агар хостори осоиши кишвар ва саросари гетї бошед, Зардушти Спитмонро эњтиёт кунед.
Мубадон мубад Аштра,  ки ин замон вориди маъбад шуд, сухани охирини Ванандро шунида ба худ ларзид, вале оромона ва бо њазл гуфт:
—Агар ў фиристодаи эзадон аст, худ ўро наљот дињанд.
—Ў наљотбахши мост…
—Пас, бигузор ў худашро наљот дињад.
—Ориёињо дар мушкилтарин вазъият низ њазлу шўхї мекунанд…
Вананд баромад ва ниёиши њаррўза оѓоз ёфт.

Он шаб хоби Зардушт набурд.
Дар ин хонадон боз нафаре бехобї мекашид. Падари Зардушт —Пурушаспа пури Спитмон аз хонадони Њаечадаспа аз ин њодисаи гўшношуниди бар сари фарзандаш омада ба њайрат афтода, беихтиёр рўзи валодати писарашро ёд овард: ваќти зода шуданаш баръакси дигар тифлон табассум мекард. Модараш Дуѓдова шодї дошт, вале Мубадон мубад ин њолро дида чандон шод нашуд ва гуфта буд:
—Ин тифл аз гетї умедњои зиёд дорад, вале гумон аст, ки минбаъд табассуми ў устувор бимонад. Ба пиндори ман, басо нолањо пешорўйи ин тифли хандон хоњад омад. Хандаи ин тифл нишона аст. Вале нишонаи чист?—Замон нишон хоњад дод.
Ва ин озмоиши сангини фардоина аз љумлаи он рўзњои мушкил буд.

Ривояти суннатии зардуштиён замони зиндагии Спитмон Зардуштро дар њудуди сесад сол пеш аз Искандари Маќдунї, яъне дар нимаи дувуми садаи њафтум то авоили садаи шашуми пеш аз милод медонад. Ин ривоят зодрўзи Зардуштро Хурдодрўз шашуми моњи Фарвардин ва дуруст дар оѓози чањорумин њазораи офариниши љањон таъйин мекунад. Вале дар хусуси замони валодати ў аќидањо зиёд буда, донишварону авестошиносони пажўњишгар бо такя бар далелњои љомеашинохтї ва забоншинохтї ба он натиља расидаанд, ки замони зиндагии Зардушт дар фосилаи миёни 1500 то 800 соли пеш аз мелод будааст.
Дар мавриди зодгоњи Зардушт низ ихтилофи назарњо мављуд аст: гурўње зодгоњи ўро љое дар Бохтар ва љамъе дар Ховари Эрон –сарзамини нашри дини зардуштї медонанд, иддае дар каронаи дарёчаи Чайчест, ё Чаечест медонанд. Бархе бар онанд, ки Зардушт дар шањри бостонии Рага ё Раѓа-Райи имрўза чашм ба олами њастї кушода дар бузургсолї ба Ховари Эрон кўчидааст. Њаводорони њељ яке аз назарияњо далеле равшан ва пазируфтанї барои собит кардани гуфтаи худ надоранд. Аз худи «Авесто» низ чизе дар ин замина ёфт намешавад. Дар љуѓрофияи асотирї аз Эронвиљ, ё Ориён вайљањ –пањнои Ориёно, ки љои он ба дурустї дониста нест, бештар аз сарзаминњову рўдњову дарёчањо ва кўњњои воќеъ дар Ховари Эрон ќобили татбиќ аст. 
Аз сарчашмањои ќадима, алалхусус, аз китоби муќаддаси «Авесто» бармеояд, ки рўди Вахш ва Ому барои ќавми ориёї муќаддас буда, ба олињаи он Охшо, њамчунин олињаи обу ободонї ва фаровонї Аноњито бохтариёну суѓдиён ва хоразмињо саљда меоварданд. Зеро рўди Вахш рўди муќаддас буда, дар пањнои Ориёнвайљ заминњоро шодоб мегардонд, ба одамон ризќу рўзї мебахшид ва чањорпоёнро аз гиёњу алафњои сабз бањравар менамуд.
Истилоњи Вахш дар форси ќадим маънои «гуфташударо» дорад, ки њамсанги таъбири мунољот, дуо ва ниёиш кардан аст. Дар забони суѓдї низ њаммаънои таъбири «сухан, гуфтор» будааст. Яъне дар њаќќи олињаи дарёи њаётбахш ва ризќофаранда Охшо мунољоту ниёиш карданро ифода мекунад. Дар сарчашмањои њиндї калимаи «Вахшу» номи Амударёст, ки юнониён онро бо калимаи њамоњангии он Оксус ном мебурданд. Аљаб нест, ибораи «Зардушти вахшур» њам аз њамин љо баромада, аввалан бори маънии пайѓамбар, расул, оварандаи каломи њаќ ва сипас бори таъбири зода ва сокини канфаи рўди Вахш, сањењтараш вахшї, вахшзодаро бикашад. Дар музеи шањри Калкутта катибае рўи санг мањфуз аст, ки навиштаљоти «Вахш худои ягона»-ро дорад.   
Сарнавишти ориёињо аз љумлаи  сањифањои басо рангин, аљоиб ва шигифтангези таърихи башар буда, аз миёни асотиру ривоят ва њаќиќати таърихї роњ кушода, то ба рўзгори мо расидааст.
Дар бораи сарманшаи баромад ва ватани аслии ориёињо дар миёни олимони Машриќу Маѓриб бањсњои зиёде сурат гирифта, аксари муњаќќиќони ориёишинос бар онанд, ки асли баромад ва ибтидои сарманзили ин тоифањои  бодиягард ва кишваркушо Аврупои Марказї, даштњои љанубии Россия ва Осиёи Миёна будааст. Ќисме аз тоифањои сершумори ориёї аз асари сармоњои шадид ва хунукињои тўлонї, ки ба таѓйироти иќлим  ва фарорасии яхбандињои ќисми шимолии Европа ва Осиё алоќаманд аст, тарки нахустватан ва пањноњои зисти аввала намуда, ба сўи гармоњои љануб кўч бастаанд. Ва ин тоифањои кўчбаста дар  илм бо номи њиндуориёињо маълум гашта, њангоми њиљрати худ дар пањноњои нисбатан гарму барои зистан мусоиди Евразия – фарохнои Дунай, болоби Окаю  Волга, даштњои пањновари Сибири Ѓарбї, Уралу Олтой ва алалхусус марзњои њосилхези Осиёи Миёна сокин мешаванд.
Њиндуориёињои  маскуни Осиёи Миёна дар навбати худ боз се таќсим шуда, як ќисмаш ќад – ќади рўди Њинд сўи Њиндустон ва ќисми дуюмаш аз пањноњои рўди Омў ба марзњои Эрони Ѓарбї роњ мекушоянд. Вале ќисми аз њама афзуну соњибќудрати онњо дар Бохтару Суѓд ва Хоразм (баъдтар ин њудуд бо номи Хуросону Мовароуннањр шўњрат ёфт) монда, дар пањноњои њосилхези рўди Омў ва Сир бунёди тамаддун ва ватани њамешагии худро мегузоранд.

Дар бораи бачагии Зардушт низ ривоятњо зиёданд.  Вай муњаббати беандозаи мардуми Эрони бостонро ба паёмбари худ ифода мекунад.
Мувофиќи ривоятњо, зода шудани Зардушт хеле барваќт маълум буд ва њокими бутпарасти шањр Дурасрун барои аз байн бурдани кўдаки дар оянда тавлидшаванда кўшид. Модари Зардушт Дуѓдова њанўз ваќти панљмоњаву бистрўза будани њамл хобе дид, ки хонаашро абрњо пахш кардаанд ва аз ќабати он вуњуши дарранда ба мисли палангу гург ва ѓайра баромаданд. Яке аз палангон шиками занро дарид ва Зардуштро аз он баровард. Вале модари тарсхўрдаро ором кард, ки аз сарнавишти писараш ѓам нахўрад. Сипас дар пеши назари эшон аз осмон кўњи оташ афтод, аз вай марде баромад, ки дар як даст аштра ва дар дасти дигар китобе дошт, бо он китоб  вуњушро ронд, онњо ѓайб заданд. Марди оташ Зардуштро боз ба батни модар баргардонд.
Пешгўйњо баъди чор рўз ба хулоса омаданд, ки ў писаре таваллуд хоњад кард бо номи Зардушт, ки паёмбар шавад ва дар саросари љањон бадиро нобуд кунад. 
Аз рўзи валодат мўъљизањо сар шуданд: фарќи Зардушти навзод аз дигарон дар он буд, ки ў намегирист, балки табассум мекард. Дигар мўъљизот ба кирдорњои Дурасрун вобаста буд.
Аз зода шудани Зардушт огоњ шуда ба хонаашон рафт, ки ўро нобуд кунад. Вале ваќте ки кордро бар сари ў бардошт, нохост дасташ баромад. Фармуд, ки аз беша њезуми зиёд оваранд. Ва ба он равѓан рехта оташ зад ва Зардуштро ба он партофт. Аммо бо мењрубонии парвардигор ба тифл осебе нарасид. Пас аз ин њам Дурасрун хотирљамъ нашуда, фармуд, ки тифлро дар сари роњи пода партоянд, то говњо ўро пахш кунанд. Аммо дар  ин лањза гови бурзурге пайдо шуда, ўро бо љуссаи худ панањ кард. Њамин њолат бо галаи аспњо рўй дод. Боз Дурасрун фармуд, ки ўро ба чанголи гургон партоянд, аммо худованд дањони гургонро баст.
Пас аз њафтсола шуданаш Дурасрун ва ёронаш хостанд, ки њуши Зардуштро бо бутњо овора кунанд, то бутпараст шавад,  аммо муродашон њосил нашуд. Як дафъаи дигар ба воситаи писари бойбача Братрештур хостанд ба ў зањр дињанд, аммо Зардушт бо фаросат онро фањмид. Барои санљиш гурўње ѓаммозон дар хонаи Пурушасп—падари Зардушт ба таври дурўѓин намоз хонданд, вале Зардушт инро ошкор сохта, шармандаашон кард.
Мувофиќи аќидаи академик Бобољон Ѓафуров, аввал Зардушти Спитмон як марди воќеии таърихї буд, вале дертар зардуштиён аз ин шахсияти воќеї як абармарди афсонавї сохтанд.
Ба пиндори мо, шахсияти воќеии ин вахшури доно чунин аст: аз њафтсолагї Зардушт ба омўзиш машѓул шуд, њама илмњои замонаашро азхуд кард, дар баробари таърихи дин ва илоњиёт тањти назари пизишки номї Трита илми тибро низ омўхт ва пизишки чирадасте гардид. Њамеша, аз рўзе, ки худро шинохт, нисбат ба неку бад, табиати инсон, асли ниёишњо ва ситоишњои эзадон, хоса, девон ва эзадон таваљљўњ мекард, мехост њаќро аз ноњаќ, аслро аз ноасл, некро аз бад људо кунад. Чун дар Ориёнои бостон пажўњишгарї маќоми баланд дошт, ба ин кори ў њама бо мароќ менигаристанд, бузургони ќавм дуогўяш буданд ва њама шароити заруриро барои омўзишњои пайвастааш муњайё мекарданд.
Ваќте ки дар 15-солагї ба балоѓат расид, бародарон аз рўи ќойидаи замон таќсими мерос талаб карданд. Дар хона миёнбанди дарози дуќабата—куштї буд. Аз њама либосворањо Зардушт њамин бандро баргузид, се бор даври миёнаш баст. Баъдтар њама маздопарастон дар сини 15-солагї куштї ба бар карданд. Онро роњнамои Воњуман—Пиндори нек хонданд. Аслан, Зардушт на танњо аз фурўтанї ва хирадмандї нафсро дар вуљуди худ бармањал кушт, балки аллакай ба колову ашёи рўзгори падар ягон зарурат надошт. Зеро ки дар баробари идомаи омўзиши илмњои замонааш Зардушт ба фаъолияти динию пизишкї пардохт. Њамчун донандаи таъриху ќойидањои динї мубадёри тавоное шуд ва дар пизишкї яктои  даврон гардид. Он замон бисёр мубадон бо хондани Мантраи варљованд ба аксари беморон шифо мебахшиданд. Вале Спитмон Зардушт дар пайравї аз устоди худ, дар баробари мантрадармонї—хониши ниёишњои хоса, инчунин гиёњдармониро истифода мебурд, илова бар он бо теѓи Трита табу захмњоро мебурид.
Овозаи писараки донои мўъљизакор зуд дар њама гўшањои кишвар пањн гардид ва алъон, ба љавониаш нигоњ накарда, аз шањру навоњии дур ба назди ў беморонро меоварданд ва ин љавон бо хўйи неку истеъдоди худодод ба чизе эњтиёљ надошт. Дар зиндагї худ мењнату бунёдкориро асоси бахту кушоиши корњо медид ва дар таълимоти пасини ў низ ин талаб зикр гардид.

4. БРАТРОКРЕШТУР
Он шаб Братрокрештур њам, бо вуљуди ѓурур ва калонгапї дар назди хешовандон ва ходимон, ваќте ки танњо монд, хоб карда натавонист. Падари ў низ марди баруманду рўзгордида буд ва он шаб аз писар хоњиш кард, ки ин даъвояшро пас бигирад. Ва њарчанд бо ѓуруру худройзании нољо писар њељ гапи дурустеро шунидан намехост, ваќте ки падар аз таърихи валодату истеъдоди нотакрори Зардушт, ќиссаи дар бачагї ўро зањр задани мор ва беосеб мондани Зардушт њикоят кард, дар дили Братреш шубњае падид омад.
Ў њам мубад буд, ў њам мантра мехонд, вале на худ ба вай ихлос дошту на каси дигар ба ў. Братреш медонист, ки мубадон дар назди мардум соњиби эњтиром њастанд, бинобар ин гўё худро дар рањи дин нињода буд, вале дар асл  вай  як ниќобе буд барои пўшидани асли пиндору кирдори ў. Њамеша, ваќте ки номи ўро мегирифтанд, дар назари муштариён сари калони бемўй, дандонњои калони бадвоњимаи аз зањрхандаи доимї намоёнаш падид меомад ва албатта, ўро бе такягоњаш— ходими њамеша њозиру нозири кўтоњќади бузриши ў Дулакаета бо хушомадгўяш тасаввур кардан ѓайриимкон буд. Њамин Дулакаета буд, ки ба ў њар дам Яштњои гуногунро ёдрас мекард, аз бисоти менувияш њар гуна ривояту гуфтори барои ў заруриро гање аз асл гуфта, гање аз рањи хушомад ба фоидаи њолати Братреш аз дили худ бофтаву сохта ба дардаш даво меёфт. Аз хушомаду тасдиќкунии њама фикрњои бемаѓзаш Братрокрештур Дулакаетаро пайѓамбар мехонду Дулакаета барои пушту паноњ шудану њар сари ваќт чанд танга доданаш Братрокрешро Худои зинда мењисобид.
Мањз бо маслињати Дулакаета рўзе Братрокрештур бо як сабад мева назди устод Титра омада, бо боварии том ба он, ки гап дар бораи як чизи ночизе меравад, ба вай мурољиат кард.
—Як хизмати хурдак, пешво…
Умуман, ваќте ў дар бораи манфиати худ сухан мегуфт, гўё масъала хеле ночиз бошаду, бояд бо андаке таваљљўњ њаллу фасл гардад, вале агар коре бар манфиати ў набошад, замину осмонро ба сар мебардошт, ки ин роњи хатост ва аз он амал девону эзадон аз њамаи мардумон ѓазаб карда, дењаро зери оташ мемонанд. Ба пешгўињои ў касе ањамият намедод, танњо Дулакаета даст бар риш бурда, ба њайрат омаданашро арз карда, њама пандњову пешнињоду пешгўињои бемаѓзу пучи ўро тасдиќ мекард.
Титра аз омадани мењмони ногањонї ба њайрат афтода, њазл кард:
—Ба пиндори ман, хуршед самти њаракати худро дигар кардааст.
—Мо бояд ќадри бузургони ќавмро бидонем.
Пизишки номї Титра дар андеша зад:
—Рўзњои охир чї гуноње кардаам, ки ба дидори номубораки ин њайкали ѓурур «мушарраф» шудам?
Ќадами Братреш куљое расад, албатта ягон мусибату нокомї меоварад. Бинобар ин њама мекўшиданд, ки корашон ба ў наафтад ва њатто аз кўчаи пеши хонаи вай нагузашта,  аз поёни боѓњо гирдгардон мерафтанд.  Устод Титра албатта, чунин хурофотпараст набуд. Аммо аз он хавф дошт, ки дар дили ў чї нияти аблањонаи касифе нињон аст. Ва ў хато накард: Братреш сабадро боло гузошта бо кибру ѓурур гуфт:
—Ман фурсати зиёд надорам, вале барои ин кор ваќти зиёд људо мекунам: маро дар ним сол пизишки номї кунед.
—Дар ним сол? Пизишки номї? Њазл мекунї?
—Хуб, дар як сол…
—Медонї, чињо мегўї?
—Хайр, ана, ду сол. Аз ин зиёд ваќт људо карда наметавонам.
—Ин кори  номумкин аст. Ба ту бист сол њам кофї нест.
—Ба Зардушт мумкину ба ман не?
—Ња, ана гап дар куљо.
—Охир вай њам ду сол омўхтааст.
—Зардушти Спитмон як умр дар рањи пизишкиву динбардорї рафтааст. Ва ў табиатан пизишк аст. Аз њама муњимаш, Маниши ў нек аст.
—Устод, њарчи талаб дорї, ман иљро мекунам.
—Фаќат як талаб.
—Фањмидам. Канизи сапеди чашмонаш нилгун. Бигўй. Ман њамин соат чї миќдоре ки хоњї, зару хоставу ѓулому каниз бароят меорам.
—Талаби ман хеле гарон аст.
—Хўш…
—Аз орзуи пизишкї даст бишўй. Ин кори мушкил аст.
—Ман ба њар азият омодаам.
—Мушкил барои ту не, барои беморон мешавад. Ту дар кори савдо ва кандани конњои маъдан моњир њастї. Хонадони ту умре бо дарёфти лољувард машњуранд. Кон љўй ва ком рон. Вале ором гузор мардумони бечораи беморро, то њоли сангинашонро сангинтар насозї, бечорагони аз беморї дармондаро бечоратар нагардонї. 

Устод Титра дигар њарфе нагуфта, ба муоинаи бемори бечоравор дар навбат истода шурўъ кард. Бо ишораи Братрокрештур кармакор сабади меваро бардошт.
Братреш аз њавлї баромад. Чашмони њамеша пурѓазабаш хун гирифтанд.
—Кист Зардушт? Ман њоло исбот мекунам!
Марди ориёї аслан аз њама гуна кибру ѓурур орї аст, вале бо кирдори Ањриман девзодагоне пайдо мешаванд, ки деви бухлу њасадро ќуввати беандоза медињанд ва рашку њасад сари бисёр ориёињоро хоњад хўрд. Аз ин соат Братреш бидуни он, ки пури Спитмон асли гапро фањмад, њаместор ва душмани сарсахти Зардушт ва хонадони ў гардид. Њарчанд кори конканї ва савдою тиљорат барояш аввалиндараља буд, баъзе ќойидаву конунњои диниро омўхта, мубадёриро низ ихтиёр кард. Минбаъд ќариб њар лањза, ки ба маъбад дарояд, ин гуфтугўи барояш ногувор ба ёдаш расида, чењрааш пурчин мешуд. Баъд одат шуд ва симои ѓазаболуди вай аз ин пас на ќањру ѓазаби муќаррарии як ориёии муќаррарї, балки гўё норизоии мубади доноро аз корњои нодурусти мардумон ифода мекард. Аз љониби дигар, вай имкон дошт, ки дар кори  тиљорат аз ин ба хубї истифода барад: њама роњњо барои мубад ва пизишк кушода буд, њама дардмандон аз нўшидани њаума дар љисми худ сабукии муваќќатие эњсос намуда, ўро табиби њозиќ медонистанд. Ва њар хоњиши ўро вобаста ба тиљорат иљро мекарданд.

5. АНДАРЭМОН –БАРОДАРИ АРЉОСП
ЧЇ МЕХОЊАД?

Тўрон. Арљосп аз номаи Лўњросп дар њайрат афтод, аввал ба чашмонаш бовар накард. Дубора номаро бархонд. Умеди аљибе дар дилаш пайдо шуд. Зеро ки бори аввал шоњаншоњ Лўњросп ба ў бо эњтиром мурољиат кард:
  «Мо њама, пайвандони шоњ Љамшед, як забон, як дин ва як мењани умумї дорем. Ва мо хостори  онем, ки пеши хушксолї, беморињои паёпай ва њуљуми кўчињои чодарнишинро њамроњ бигирем, аз неруи дар сарзаминњои мо мављуда њамроњ ва босамар истифода барем…»
—Лўњросп чї мехоњад? Ин аст хостори аслии дили ў, ё ин њама макрест?
Арљосп савори аспони бодпой ба кўњи Баѓгирд воќеъ дар соњили кўли Чаечест, ба назди бародараш равон шуд. Он мавзеъро Дорсапедбаѓгир њам меномиданд, ки маънояш «кўњи рўяш љангали сафедори худоён» аст.
Бародараш Андаремон чанд муддат инљониб дар кўњи Баѓгир чизе мељуст, њамроњи чанд одами ба худ содиќ харсангњои азимљуссаро ѓелонда, хоки љойњои шубњанокро чанд ќади даст кофта, бозёфтњои аљибе мекард: гање зар меёфт, гање хишти бинои куњан ва гоње каллаи одам.
Вале ў чизи дигар мељуст.
Арљосп бо ў маслињат карданро салоњи кори мулк медонист. Аммо Андаремон ба номаи Лўњросп ањамияте надода изњор намуд:
—Чуноне, ки зани Гилшоњ аз Ањриман умеди ангубин карда њамаро бохт, аз душмани дерин ангубин умед макун.
—Пас чї мебояд кард?
—Боварам њаст, ки ў худ ба тангно афтода ва њоло аз мо дасти мадад мехоњад.
—Ў моро ба мењмонї мехонад.
—Ягон каси донои бекорро бифирист, ки њоли аслии ўро фањмад ва огоњ шавад, ки кадом ваќт ба ў зарба задан бењтар аст. 
—Дар нома ба њамкорї даъват кардааст.
—Чї номаест?
Њангоме, ки Арљосп номаи дар пўсти тунуки гов бо хати зар навиштаи Лўњроспро аз лифофаи чарминаш баровард, садои аљибе баланд шуд ва ду наќбкан нохост ба ѓори чуќуре сарозер фурў рафта, гардану миёнашон шикаст. Андаремон филфавр лўлаеро бо нафт омехта оташ дод ва ба ѓор партофт. Оташ рўи љасади њамроњони дар зери ѓор афтодаро рўшан кард. Дар бари онњо мучассамаи бузурге низ афтода мехобид. Пояи сутуне њам намудор шуд.
Ва Андаремон ба љои сўгворї шодона нидо кард:
—Ийта, йита! Шукри эзадон! Ёфт шуд он чизе, ки мељустам!
Чи љустани ў барои Арљосп њам маълум буд. Бинобар ин чанд муддат њамаро фаромўш карда ба шодии бародар њамроњ шуда гуфт:
—Шараф ба ниёи мо Аурвасора!
—Шараф ба ниёи мо Афросиёб! –такрор карданд дигар њамроњон.
Аурвасора номи дигари Афросиёб аст. Ин кушоиш воќеан бозёфт буд, рамзи давлатдории ќавми туирйа буд. Бародарон ва ѓуломон ба миён танобњо баста ба поён фаромаданд.
Манзараи пуртаъсиру боњашамати Кохи Њанкан—кўшки бузурги дар зери замин кандашуда пешорўяшон љилвагар шуд: деворњо бо оњан рўкаш шуда, баландии он ба дањњо ќади одамї мерасид, онро сад сутун нигоњ медошт. Њоло ќариб бисттои он барпой буданд, дар њама љо муљассамањои эзадон ва ниёгон ба назар мерасиданд.  Нигорањои рангини рўи деворњо чунон љозибанок буданд, ки њамаро ба њайрат меоварданд. Аз шўълаи машъали дасти панљ-шаш нафар сарбозон дохили ќаср чун рўз равшан шуд. Зоњиран дар бару болои кох чандин оинаи нуќрагин гузоштаанд, ки неруи рушаниро зиёд мекард. Шодии Андаремон садчанд шуд.
—Бале ин аст вари Афросиёб!  Бо вуљуди хира ва занг задани оиинањои оњании дар њарљои кох гузошта чунин ба назар мерасад, дар кох хуршеду мањтоби сунъї ќарор доранд.  Замоне ин љо чањор рўд мављуд буд, ки дар онњо об, шароб, шир, мост равон буданд.  Њоло чашмае об њасту халос. Вале ин њама барои ман гаронтар аз бањои тамоми љањон аст.
—Ман гумон доштам, ки ин афсонае беш нест,—таъкид кард Арљосп.
—Дар воќеъ, кохи бузургест ба мисли вари ниёи бузурги мо Љамшед.   
—Мавриди хубест, барои маслињати номаи Лўњросп,—аз дил гузаронд Арљосп.
Ба назди яке аз суфањои баландпояе расиданд, ки дар гузашта ба љои тахт хизмат мекард. Назди он мењроби Митра воќеъ буда, дар шафати он хокистари зиёди оташ ба назар мерасид.
Њарду дар рўи сангњои гирд нишастанд. Замоне онњо рўйкашњои симину зарин доштанд, њоло урён шудаанд. Бародар ба шоњ Афросиёб таќлид карда гуфт:
—Чї хубе…Ниёи мо Афросиёб чунин менишаст.
—Воќеан, рўњи ниёгон зинда шуд.
—Хўш, шоњзода Арљосп, чї мефармоед?— бо њазл пурсид бародар.
—Наљотбахши бузург, Аирийанањо бо номаи имдод ба мо мурољиат мекунад...
Гање бо њазлу гање бо љиддият Арљосп номаи Лўњроспро ба бародар пешнињод кард. Шоњ ба ин вазифадор набуд. Аммо то он замон пас аз нобаробарињои зиёд дар сарнавишти хонадон ва аз номуайянии њоли минбаъда Арљосп нисбат ба бародарон муњаббат ва самимияти вижае дошт ва дар айёми љавонї ва бо маќсади маслињат ба додар хушгўї мекард.
—Ин чист?—њайрон шуд Андаремон.
—Номаи Лўњросп.
Андаремон ба нома бо њазар  нигариста, лањзае хомўш монд, сипас чанд сатри онро бо овози нимшунаво хонд: 
—«Пешнињод менамоем, ки зидди бўњрон њама њамроњ амал кунем, рањи корвонњоро кушоем, аз оби рўдњо баробар истифода барем…» 
Бародар боз лањзае хомўш шуд. Дар назари Арљосп чунин намуд, ки гўё ба дили Андаремон зањри нињонї расидааст. Бо чењраи пурчин ва овози гирифта ба сутунњои шикаста нигариста, гўё бо рўњи ниёгон мурољат намуда гуфт:
—Боз аз нав оѓоз кунем?  Боз ба макри душман гирифтор шавем? Боз ранљи бењуда? Боз фиребу найранг?
—Њоли онњо низ бењтар аз мо нест…
—Онњо имрўз аз мо пурќувваттаранд.
—На…
—Ту маро мефањмї?—боисрор ва бо шиддат такрор кард Андаремон—Бубин њоли Кохи Њанканро! Кї онро ба ин њол афканд!?—Онњо!
—Бале. Аммо ин давраи љанљолњои айёми тифлии ќавмњои мо буд. Мо бояд аз он сабаќ баргирем…
Ду бародар њамдигарро намешуниданд. Бародар бо алам идома дод:
—Аурвасора—пешвои далери мо Афросиёб ду маротиба шоњаншоњи саросари љањон шуд: бори аввал ваќте ки шоњ Манучењрро шикаст дод!
—Вале Аѓрирас, амуи мо, лашкариёни асирафтодаи аирйаро озод кард. Зеро ки њама њамќавму њамхун, бародару бародарзода њастем.
—Ва барои ин љазои сазовор дид. Афросиёб барои ин хиёнаташ ўро кушт. Дафъаи дувум, замоне ки Кайковус ба љанги шоњи Ямбарон рафта, асир шуд, Зеингов ба Эрон њамла оварда соњиби тахту тољ шуд. Бузургону номоварони Эрон аз зулми ў ба дод омада, ба Афросиёб мурољиат карданд ва ниёи мо њама мардумони Эронро аз ситами Зеингов халос кард. Вале ин хидмати Афросиёбро њам нодида гирифтанд.
—Он чї гузашт— гузашт. Бар оянда бо назари нек мебояд нигарист.
—Чї чизи некест дар ин нома?
—Онњо пешнињод мекунанд, ки мардумони дар биёбонњои хушк азияткашидаро ба љойњои хушоби ориёї љой дињем…
—Магар њамин ниёи мо набуд, ки рўди наве бо номи Новтог бурид, оби њазор чашма ва њафт рўдро ба сўи кўли муќаддаси Чаечест равон кард? Мардумро аз мањалњои шароиташон номусоиди Эрон кўч дода, дар атрофи  рўдњои мо љой намуд! Аурвасораи мо аз бузургтарин подшоњон ва ободкунандагони ин мулки барои ориёињо умумї аст. Вале ќадри ин кори ўро њам надонистанд.
—Њар хатое аз бузургон буд, мо бояд такрор накунем.
—Кадом хато?
—Бар гузашта бо чашми њаќиќат бояд нигарист: ваќте ки Тањмос— писари шоњ Манучењр ва худи Манучењр низ бимурд, шањзода Зав кўчак буд, Афросиёб огоњ шуд, ки Эрон заиф шудааст, биёмад ва мулкро баргирифт, расмњои Манучењрро баргардонд, шањрњо хароб кард ва обњо хушк шуданд. Панљ сол ќањту хушксолї шуд. Пас Зав биёмад ва Эронро аз нав соњиб шуд.
—Вале пас аз он њам Афросиёб бар онњо некї мекард.
—Љангњои тўлонї идома ёфтанд, мардумон аз хушксолї ба љон расиданд ва инро сазои хунрезињо донистанд ва шоњ Завро водор карданд, ки бо Афросиёб сулњ кунад ва мулкро осоиш бахшад. Он сулњ ва он некї сиёсати давлатдорї буд, аз ноилољ мондани аирйамањо буд.
—Вале имрўз њоли ќабилањои аирйана бењтар аз мост.
—Ва бо вуљуди ин, бо мо сулњу  дўстї мехоњанд...
Оќибат гўё бародарон њамдигарро фањмиданд.
—Сари ин масъала љиддї андеша бояд кард.
Њарду аз ѓор баромаданд. Дигар њашамати Кохи куњан онњоро мисли чанд лањза пеш шод намекард.
Њарду расиданд ба соњили кўли Чаечест. Андаремон бештар ба шўр омад.
—Медонї ин љо чи љоест? Дар соњили ин кўли муќаддас хуни ниёи бузурги мо Афросиёб рехта шуд. Њатто Кайхусрав, ки зодаи хонадони мо ва парвардаи хоку оби мењани мост, бар сари мо бо љангафзор  тохт ва хуни њамќавмон рехт.

Ва пеши назари њарду бародар он фољиа љилвагар шуд:
Ваќте ки Кайхусрав ба кини падараш Сиёвуш лашкари гаронро бо сарварии Тўс ба Тўрон фиристод, нахуст Фаруд—бародари Кайхусрав аз духтари Пирони Виса кушта шуд. Аз кушта шудани Фаруд Кайхусрав ба ѓазаб омада, Тўсро бозхонд ва ба њабс гирифт. Лашкар бо сарварии Фарибурз, амаки Кайхусрав дигар амали дурусте пеш бурда натавониста, шикаст хўрд.
Дар љанги дувум Афросиёб шикаст хўрд.  Пирони Виса, ки бар Сиёвуш-падари Кайхусрав падарарўс буд, кушта гардид. Ин њам боиси ранљи Кайхусрав шуд, ки дар бачагї аз ў навозишњо дида буд. Вале Кайхусрав аз асир афтодани амакбобояш Гарсеваз, ки яке аз сабабгорони кушта шудани Сиёвуш гашта буд, шод гашт. Афросиёб аз лашкари Кайхусрав гурехта дар кўњ пинњон шуд ва зоњиран хост, ки дар Кохи Њанкан паноњ барад. Кох садњо дару роњњои нињонї дошт. Аммо дари онро канда ва чанд роњи наздики онро фурўрафта дид. Бадхоњон дарњои онро мањкам карда, хоку санги кўњро болои роњњои нињонии кох ѓелонда мањкам карда пўшонда Афросиёб аз ин фоли бад гирифт, аз сарнавишти шум нолидаву рўй ба эзадон оварда мунољот кард.
Њауми порсо барои тавбаву надомат дар кўњи муќаддаси Баѓгир нишаста буд. Ин нолањоро шунида дарёфт, ки Афросиёб аст, ўро даст баста, ба лашкариён дод.
Њангоме ки Афросиёбро ба оташкадаи Озаргушасп мебурданд, ў худро ба кўли Чаечест партофта, аз назарњо ѓойиб шуд.
Муддате гузашт ва ў рўйи об набаромад. Зоњиран, Афросиёб дар оби кўл фурў рафта, яке аз роњњои нињонии зериобиро ба яке аз гўшањои Кохи зеризаминиаш, ё ягон паноњгоњи ѓормонанди махфиаш дарёфт ва пинњон шуд. Дар тадбири ў ољиз монданд.
 Нињоят, тадбир ёфт шуд: Гарсеваз, бародари Афросиёбро назди соњил оварданд ва азият доданд. Нолањои зори Гарсеваз бо овози баландаш замину замонро ба ларза оварданд. Ў аз рехтани хуни Сиёвуш тавбањо кард. Њоло, ки фарри давлату неру аз ў рафта буд ва пайваста дар азияти љисмонї буд, фањмид, ки азияти љисми мардумї чи сахт аст. Ў лаънатњо хонд бар чунин рўзи сахти сарнавишт, бар њама кас ва бар њама чиз. Бехабар аз  њолу сарнавишти бародар шоњ Афросиёбро ба ёрї бархонд:
—Ай бародар, ба њаќќи изадон, ба њаќќи шири модар, биёву маро наљот дењ.
—Гўшти танашро барканед!—амр кард афсар.
—Маро наљот дењ!
—Занед!
—Маро наљот дењ! Наљот дењ! Наљот…!
Ин њамаро Афросиёб аз нињонхонаи худ дар ѓори таги кўњ мешунид. Тоќат накард ва аз рањи об берун омад. Гударз ўро бо каманд баргирифт.
Кайхусрав бо дасти худ бобояшро ба ќатл расонд.
Бо дидани ин њол Гарсевази ноумед њам дилкаф шуд ва њољат ба теѓ намонд.
Њоло, пас аз гузашти солиёни зиёд, ду бародари дигар Арљоспу Андаремон дар њамон љой истода,  баробар ин њама лавњањои хунинро пеши назар оварданд. Дар назари онњо то њол хоки соњил аз хуни ниёгонашон сурх бозмондааст, дар назари эшон то њол дар кўњњои соњил овози ниёгонашон акси садо медињад ва оби кўл садоњои имдодталабонаи ниёгонашонро такрор мекунад:
 —Маро наљот дењ! Наљот дењ! Наљот…!
Ва танњо Арљосп ба ёди бародар овард, ки ин фољиаи хунин аз рехтани хуни Сиёвуши ба њарду ќавм љонпайванд оѓоз ёфта буд ва ў њам барои наљот имдод мепурсид.
Ва њамин нидоњои наљотталабона бародаронро маљбур намуд, ки барои такрор нашудани ин фољиа биандешанд. Бародарон гўё њар кадом бо худ, бо виљдони худ сўњбат мекарданд.
—Чї Лўњроспро ба ин иќдом маљбур кардааст? Ў чї мехоњад?
—Аз кўчиёни чодарнишин, аз сакоињои љанговар андеша мекунад.
—Ба пиндорам, Лўњросп аз фарзандонаш осуда нест.
—Гўштосп хеле љавон аст, Зарир њоло кўдак аст.
—Вале Гўштосп тахт мехоњад.
—Мо ба ин ўро тела медињем. Падару писарро бо њам љанг андохтан ба мо мушкилие надорад.
Арљосп кўчиёнро ба ёд оварда гуфт:
—Гумон мекунам, ки нома барои сарони њама—њафт кишвари ориёї фиристода шуда. Бархе онро ќабул кунанд, аммо Хоразм ва Доха ба гумон аст…
—Ба мо фурсат зарур аст, ки неруи худро зиёд кунем..
—Танњо дар сурате, ки љанг набошад. Ва хости Лўњросп дархўри дарди мост.
—Вале ба ваъдаи душман фирефта набояд шуд.
—Бале.
—Салоњи корро дар он мебинам, ки ризоят ва одами худро бифиристем, ба зоњир  ќабул кунем, аммо интизор шавем оќибати корњоро, —пешнињод кард Арљосп..
—Интизор шудан салоњ нест, –боз эътироз кард Андаремон.— Аз душман умеди бењї хатост. Амал мебояд кард: ман ба сарони кишварњои ориёї  одамони худро бо номаи худ равон кунам.
—Ман бо одамони наздики худ шањзода Виштоспро бар падар ва шоњро бар писарони дигар душман кунам.
—Бале.
—Аз худои бузург Мењр бипурсем, агар мавридаш расидааст, ба љанг омода шавем.
—Офарин. Ана, дар ин сухани ту њарорати дили ниёи бузургамон Афросиёбро мебинам! Фаромўш накун, бародар, душман танњо замоне хуш аст, ки сар аз танаш људо бошад.
Андаремон ба Кохи Њанкан баргашт. Овозаш то дер садо дод:
-Йита, йита, йита, йити…
Арљосп бо фикри ў розї буд, тањдидњои њамарўза инро талаб мекард.
Вале бори аввал оњанги суханронї ва ин ѓурури Андаремон ба Арљосп нафорид. Ва Арљосп пиндошт, ки душмани аз Лўњросп пурзўре дар хона аст.
 
6. ОЗМУНИ ВАР

Њованњоро кўбиданд.
Он замон њован кўбидан даъват ба намоз буд. Дертар калисоњои насронї онро истифода бурданд, фаќат њованро чаппа нигоњ дошта, дар баландї овехтанд, ки шакли ноќус, ё зангўларо гирифт.
Њоло њованкўбон њамаро ба варангња даъват менамуданд.
Њама ба маъбад ворид шуданд.
Зардушт назди мењроб ба зону нишаст.
Мубади мубадон омад. Њама ба ў таъзим карданд.
Мубад бар њама дуруд гуфт. Мубад дар даст лаълии симине дошт, ки рўи он дар ду таштаки заури пур аз мањлуле буд, онро рўи санг дар назди мењроби Мењр гузошт.
Зардушти Спитмон пеш омада, ба мењроб саљда кард ва гуфт:
—Ба номи худованди бузург ба варангња омодаам.
Братреш Тур низ пеш омад, саљда кард ва изњор намуд:
—Эй худои бузург, бароят як аспу як гову як гўсфанд ќурбонї мекунам. Ба њаќи њама муќаддасот, маро бар њаместорам Спитмон Зардушт пирўз гардон.
—Ту омода њастї?—пурсид мубади мубадон.
—Ња, ман њам омодаам.
Мубади мубадон дар ин изњороти Братреш  оњанги дудилагиро эњсос кард. Вале ин њоло чандон муњим набуд. Оини варангња бояд сурат гирад. Сокинони ин шањрак ва вилоят ба Маздо эътиќод доштанд. Мубад бо ситоиш ва ниёиш аз љониби довталабон ба эзад мурољиат кард:
—Эй Ањура Маздои Ашаван! Эй он, ки аз њар чи пурсам, огоњї ва фирефта нашавї! Эй хиради фиребнопазир! Эй аз њама чиз огоњи нофирефтанї!
Ман ба ту рўй овардам ва бо гуфтори ростин аз ту мепурсам, маро посух гўй: Кадом Ростї ва Дурустї дар Мантраи варљованд њаст, ки фаробаранда, бартар, парастор, неруманд, кордон ва саромади дигар офаридагон аст?
Довталабон низ дар дил ин суханњоро такрор карданд
Мубад гуфт:
—Эй Спитмони ашаван ва эй Братрокрештури ашаван, ба ростї ман туро биогоњонам аз ин Мантраи бисёр фарраманд ва аз он Ростию Дурустї, ки дар Мантраи варљованд њаст, ки фаробаранда, бартар, парастор, неруманд, кордону саромад, дигар офаридагон аст.
—Огоњам.
—Огоњам.
—Талаби оини вар чунин аст: бењдинеро, ки сеюм мийаздро аз Маидйушам то Патйашњим дар моњи Анирон надода бошад, маздопарастон шоистаи даромадан ба вари гарм нахонанд.
Ин талаби муќаррарї буд ва даъвокунандагон албатта онро иљро карда буданд. Вале ин ишора бар дигарон буд, ки муњим будани ќурбонињоро мањз дар њамин лањзаи њассос бишнаванд ва абадї дар хотирашон наќш бандад.
—Ман мийазд супурдаам.
—Ман њам супурдаам.
Мубадон мубад маросимро бо шарњу баён идома дода гуфт:
—Як савум аз барсамро ба роњи Хуршед бигустарон ва бигўй: «Мо додхоњиро ба-д-ин љо омадем».
Довталабон фармудаи пешворо иљро карданд.
—Мо додхоњиро ба ин љо омадем. Мо хушнудии Рашни тавоноро хосторем. Ман дар ин оини вар Ањура Маздоро њамчун дўсте ба ёрї њамехонам ва ба сўи оташу барсам ба сўи дастони саршор, ба сўи вари равѓан ва ба сўи шираи гиёњон.
Мубад  бо овози паст, вале пуртаъсир бархонд:
—Пас он гоњ Ањура Маздо њамроњи Боди пирўз, њамроњи Дамуиш Упамана, њамроњи подоши маздоофарида ба ёрии ту шитобад ва ба сўи ин Вари барпошуда, ба сўи Вари равѓан ва ба сўи Вари гиёњон ояд.
Сипас навбати ниёиш ва талаби довталабон шуд. Њарду бо оњанги вижа Рашнро ба ёрї бархонданд:
—Эй Рашн, Эй Рашни ашаван! Эй росттарин Рашн! Эй донотарин Рашн!
Эй Рашн, ки бењтар аз њама бозтавонї шинохт!
Эй Рашн, ки дурро бењтар аз њама тавонї дарёфт!
Эй Рашн, ки бењтар аз њама додхоњро ба фарёд расї!
Эй Рашн, ки дуздро бењтар аз њама барандозї.
Агар ту озода набошї, додхоњро бењтар аз он чи хоњон аст, бирасонї, бењтар захм фуруд оварї ва дузду роњзанро бењтар нобуд кунї. Эй Рашни ашаван! Агар ту дар кишвари Арезањи њам бошї, мо туро ба ёрї мехонем… Эй Рашни ашаван! Агар ту дар Гарудмони дурахшон њам бошї, мо туро ба ёрї њамехонем.
Сипас хомўшї ба миён омад. Ва довталабњо ба ќисми асосии оини вар шурўъ карданд. Бо ишораи Мубади мубадон Зардушти Спитмон таштакро ба даст гирифт. Братрокрештур низ гирифт, вале дастонаш ларзиданд.
Аввал навбати Зардушт буд. Ва ягон мўе аз бадани ў наљунбид.
Мањлули таштак сурхи сиёњгуна буд. Зардушт фањмид, ки мањлули маъдан ва гиёњњои зањрогин бо омехтаи гўгирд аст. Вале њуши ў бо хондани мантра банд буд ва бо дили пур таштакро бардошт.
Агар бо ў њодисае нашавад, навбати нўшидани «саваканда» аз Братреш буд.
Вале Братрокрештур ба мањлули даруни таштак нигариста, дар он марги худро дид.
Зардушт дар дил мантрахониро идома доду таштакро ба лабонаш наздик овард.
Њама бо дањшат ба ў нигариста, нафасњоро дарун кашиданд.
—Истед!—Нохост садои баланду илтиљоомези Братрештур хомўшии бадтар аз маргро вайрон кард.
Дасти Зардушт дар њаво монд.
Братрештур беихтиёр таштакро ба замин њаво дод. Ў ба ањли љамоа рўй оварда гуфт:
—Ман ба хубї дарк мекунам, ки бо пешнињоди ман ин озмоиши сангин пеш омадааст. Ман дар аќидаи худ истодаам. Аммо талаби худро дигар мекунам: Ба Зардушти Спитмон фурсат дода шавад, ки дар давоми ду рўз далелњои кофї гирд оварад ва аќидаи худро исбот намояд.
Бисёре аз мардумон изњори шодмонї карданд.
Зардушт бори дигар ба оини вар омода будани худро тасдиќ кард.
Мубад пешнињоди довталаб Братрештурро пазируфт, вале мўњлатро кам њисобид:
—Дерест, ки навиштањои муќаддас сўхта, фарсуда шуда, аз байн рафтаанд. Бо он донишу фањмише, ки мубади некдил Зардушти Спитмон дорад, метавонад њамаи онњоро аз нав гирд оварад, њама далелњоро омўзад ва дар шакли навиштаи мукаммал ба њамаи мо таќдим кунад. Вале барои ин ба ў фурсати бештаре хоњем дод. Гумон мекунам, ки чањор сол кофист?
Зардушт, ки ин ранг гирифтани њолро чашмдор набуд, дар њайрат афтод ва гуфт:
—Ба номи худои бузург, мекўшам.
Фриёна, марди сарсафеди сарватманд, ки ба Зардушт муњаббати хоса дошт, сухан пурсида гуфт:
—Мардумиро аз ќут чора нест. Дар тамоми давоми пажўњиши Зардушти Спитмон хонаводаи ман бо хоњиши худ таъминоти ањли хонаводаи ўро бар ўњдаи худ мегирад.
—Хеле хуб, —шод гашт мубадон мубад.
Фриёна, марди ќоматбаланди сарсафеди зебо дар шањр обрўву эътибори хоса дошт, марди сухан ва амал буд. Азбаски худољўй ва бар њамагон мењрубон буд, њама ба  ў эњтироми самимї доштанд.
—Офарин бар шумо.— арзи сипос намуд Пурушасп, падари Зардушт.
Мубади мубадон њукми мурофиаи аз дирўз мавќуфмондаро гуфт:
—Ва аммо дар ин мурофиа Братрештур гунањгор дониста шавад. Ў бояд  хамсоя ва ходими кармакори сару гардан шикастаашро бо ёрии пизишкон шифо бахшад ва то охири умр нафаќаи онњоро  дињад.
—Ин њукми одилона нест,—эътироз кард Братреш Тур. Ин беадолатист.
—Ин њукми ќатъии мо дар асоси таъиноти эзадон аст.
—Ман ба њанљаманаи шоњ арз мекунам.
—Ихтиёр дорї, —гуфт мубад.
Братрокрештур бо эътироз толорро тарк кард. Вале дигар касе ба ѓуруру эътирози ў ањамияте надода, њама ба табрики Зардушт шитофтанд.
Азбаски он замон мубадон дар баробари заруриёти динї вазифаи додгустариро низ анљом дода, аз номи худоён њукм меронданд, ба Спитмон Зардушт—мубади љавони доно зарур меомад, ки дар чунин мурофиањо ширкат намояд. Ва ба пиндори мо, мањз чунин бањсњо дар сари додгустарї ва баргузидани неку бад, њаќу ноњаќ мубади љавонро њидоят намуд, ки дар бистсолагї бо азми ќавї, бо маќсади пажўњишњои љиддї дар љустуљўи њаќ ба гўшаи танњої ба кўњистон равад ва ин њаргиз нишонаи канораљўї аз мардумон ва дунёбезорї набуд. 
Солњои зиёде Фрийона ба ваъдааш мустањкам истод, илова бар он, барои тањсили фарзандони Зардушт ѓамхорї карда, онњоро њамроњи писари ягонааш Йовишт ба мактаб дод. Ва аз пиндори неку кирдори неки зиёдаш дар хонадони ў њамеша сулњу салоњ, файзу фаровонї њукмрон буд. Йовишта њамроњи писари калонии Зардушт Исатвастра гоњо ба аёдати Зардушт ба кўњистон мерафт ва аз мањалли таълимоти ў огоњ гашта, беихтиёр пайрави ў гардид.
Баръакси вай, дар хонадони Братрокрештур њамеша муносибатњои шадид байни занњо ва мардњо, ѓуломону ходимон бо сарварон мушоњида мегардид. Дар конњои чуќури зеризаминии вай чї ќадар ѓуломон кор мекарданд, чї миќдорашон њар рўз њалок мешуданд, касе намедонист. Бино бар ин, Братреш баъди он њанљамана тадбири дигар љуста, љойи хобу зисти кармакорону коргарони конканро бар фарози кўњ бурд. Дигар касе намедид, ки чи зулме бар сари онњо меояд. Вале азбаски худи ў низ бештарини ваќт дар сари конњо мегашт, њамсояњо аз зарби латукўби ў то андозае халос шуданд.
Братрештур соњиби аспони хуб буд ва имкон дошт, ки дар рањи тиљорат њамроњи корвони мусаллањ ба зудї ба шањри њокимнишин расида, ба шоњи мулк –Арљосп арз намояд. Вале азбаски ќазия бо роњи динї њал шуда, худи даъвогар ходими маъбад буд, мутобиќи ќойида онро бояд аввал мубадон њаллу фасл мекарданд. Илова бар он, ва муњимтар аз њама, он замон дар сари шоњ Арљосп он ќадар фикрњои печидае буданд, ки на танњо кадом як Братреши сарватманди ранљида, балки агар худи девондев Ањриман ба даъво меомад, барои ќабулаш имкон надошт.

7. ЛЎЊРОСП ЉАШНИ
ЊАМАСПАТМАДАМ ОРОСТ

Њованњои зарринро кўфтанд.
Ин хабари оѓози љашни гањанбори шашум дар пойтахти ќисмати ќавмњои аирйанаи Ориёнони бузург шањри Балх буд.
Мењмонон ва мизбонон либосњои наву аљиби худро намоиш дода, дар љашнгоњ љамъ шудаанд. Махсусан шањзодагону вазирзодагон шод буданд. Лўњросп мехост, ки њама дўстони душмангаштаро бо њам ошно кунад. Аммо хости дили Лўњросп нашуд. Аз мењмонони рањдурї аксарият наомаданд, ё вазиронашонро фиристоданд. Аз шом инљониб дилаш нохушнуд буд. Болои ин, Бидахши бузург Њвогва хабари аљиб расонд:
—Овоза њаст, ки љосусони Арљосп ба дарбор рањ ёфтаанд.
—Маќсади эшон куштани ман аст?
—На, аз њимояти мо дилпур бошед.
—Мањфилро бекор мекунем.
—Шоњам, аз ин эзадон дарќањр шаванд ва њам обрўи дарбори Эрон коста гардад. Ин барои њаместорони мо боз як бањона барои бадном кардан шавад.
—Пас, мањдудтар кунем. Ѓайри шањзодагон ва мењмонони расмї касеро ба љашнгоњ нагузоред.
—Нек бошад.

Бо вуљуди ин мардумон дар љашн он ќадар зиёд буданд, ки љойи сўзанпартої ёфт намешуд. Ва љашни Наврўз бо тамоми ќоидањо сурат гирифт.
Шоњаншоњ Лўњросп омад, њама ба табрикаш бархостанд, дар васфаш таронањои табрикї хонданд.
Замони аз майдони на чандон бузург— аз дарвоза то тахт гузашта нишастани шоњ муддати мадиде давом карда, дар ин байн намоишномаи хосае иљро шуд, ки чи тавр ба сари давлат омадани ўро њикоят карда, аз корномаи ў—аз кадом як мусибатњои нобуда мењанро наљот додани Лўњроспро ифода мекарданд. Лўњросп аз байни радањои ба замин хобидаи одамони хамидапушт мегузашту ќомати одамон рост мегашт, Лўњросп аз байни хорбуни сўхтаи чўбакшуда мегузашту њатто хорбунњо, дар иљрои одамони зинда, ба гул мубаддал шуда ќомат рост карда, худро зери ќадами Лўњросп партофта, бо хандаи хушбахтонаву пошидани анбару мушк табрик мекарданд. Хусусан ваќте ки ба мобайни майдон—ин сањнаи бузург расид, аз осмон девон ба сараш гул рехтанду дар замин фавворањои об ба гардиш омаданд ва њама бо як овоз ўро ситоиш намуданд:
Пуштибон номи ту аст.
Чорабахш номи ту аст.
Пешво номи ту аст.
Дурбинанда номи ту аст.
Пушту паноњ номи ту аст.
Додор номи ту аст.
Нигањдоранда номи ту аст.
Парваранда номи ту аст.

Сипас садњо нафар—пањлавонону вазирон, шањзодагони љавону пирон, дўшизагон, занони њаётдида ба њар бањона пеши шоњро гирифта, ба ў бо таронаву мусиќї арзи сипос карда даст мебўсиданд. Њатто девону девбачагон аз ў розї буданашонро изњор мекарданд.
—Дуруд бар Лўњросп!—фиѓон мекарданд Девони осмон.
—Шоиста бод шоњаншоњї ба Лўњросп, авлоди каён!—Нолиш мекарданд париёни хубсурати дар тан пироњани њарир.
—Туї мояи хушї!—рў ба хок афтоданд вазирон.
—Туї мояи шодкомї!—гуфтанд модарон.
—Туї коромадтарин шоњаншоњї гетї!—гуфтанд замину осмон.
—Туро намоз мебарем!—гуфтанд мубадон.
—Туро сипос мегузорем!—гуфтанд эзадони обњо.
—Ба хуштарин равиш ба сўи мо ой!—гуфтанд гулњо дар иљрои гулдухтарон.
Сипас мардумон ва девон гирди шоњ раќс карданд ва оќибат девон барояш аз осмон мањди заррин оварда, ба он савор карданд ва тањти кафкўбиву ситоишњои мардумон ва девон ба тахт шинонданд.
Ва шоњаншоњ  дар маркази љашнгоњ љой гирифт.
Мењмонони рањдурї њарчанд аз навои нотакрори мусиќї ва либосњои рангину чашмбаранда лаззате бурда, ба намоиш бетаваљљўњ набуданд, бо љиддият ва назарногирона нишастанд. Дар назари эшон ин њама њангома афсонаи сохтаву бофтае буд. Танњо пас аз чанд даври гардиши май андак ба рўњошон сурхї дамида, ваќте ки дар васфи шоњаншоњ сухан гуфтани вазирону бузургон сар шуд, барои дар озмуни суханпардозї ќафо намондан ба ваљд омада, бо навбату бе навбат ба нутќи табрикї пардохтанд, вале бар хилофи дигарон замину осмон, гулу гиёњ, обу хоки Ориён вайљањ, њатто сангу хору хару хўри Ориёноро ситоишу ниёиш карданд, вале сухани мушаххаси неке дар мадњи шоњ нагуфтанд. 
Аз шаш мењмони расмї аз шаш мулки ориёї њамагї шаш сухан дар васфи Лўњросп гуфта шуд, вале њар кадом дар таги косаи ангубин зањри њалоиле дошт:
—Бахти Бохдист, ки Лўњросп ободињои он вари дарёро ба фарзандони далери Тур гузошта, Бохдиро пойтахти худ кард…
—Офарин бар Бохдї, ки Лўњроспро шўњрату шон бахшид…
—Маркаби Лўњросп бењтарин аст. Зеро ки аз Лўњросп аст, њарчанд ки як хари муќаррарии Бохдист.
—Хазинаи Лўњросп аз баракати шоњони каёнї фарох ва пурганљ аст…
Ин зањри ноаёнро Лўњросп бахубї эњсос мекард ва њар дафъа дилаш гўё аз неши ханљар ба дард мепечид, вале тоќат мекард.  Нутќи навбатї аввал ўро бетараф гузошт, вале баъд фањмид, ки ин даъват ба балвоест:
—Бахти Лўњросп дар шоњзодагони бофарру наљиб аст. Хушо, ки онон ањланду сар ба фармони падар нињодаанд. Каси дигар ба љои шањзода Виштосп мебуд, бо ин фару шукўњ кайњо кори дигар карда буд. 
Сухани мењмони охирин зарбаи охирин ба тору пуди вуљуди Лўњросп шуд.
—Лўњросп њарчанд, ки аз насли каён нест, аз бисёр шоњони каёнї хушиќболтар аст.
Дигар Лўњросп ба сухани касе ањамият надода, шароб даркашид, ки талхии зањри ин суханњоро фурў нишонад. Ва дигар ањамият надод, ки чї касон табрик карданду чї гуфтанд. Бале, танњо дар ин рўзи љашн ба шањон иљозат буд, ки дар њузури мардумон шароб нўшанд ва хурсандї кунанд. Гоњо шањон барои тањти назорат нигоњ доштани вазъият ба зоњир шароб менўшиданд, вале њоло дунё ба чашми шоњаншоњ хор менамуд ва барои ба гулзори тасаввурї мубаддал кардани гетї шароби гулгуни талхи  махмуркунандаро бедареѓ даркашид.
Як нафари дигар њам дар ин маљлис ба сухани нотиќони шаш кишвар ањамияти хоса медод, ки шоњзода Виштосп буд. Ўро ном гирифтани вазири мулки Доха бењуда набуд. Вазири Доха дирўз тавонист, ки ба вай таърихи ба тахт нишастани Лўњросп ва сабабњои бадбинии дигар њокимонро бигўяд. Пешнињоди аљибе низ кард: агар дилаш ором нагирад, метавонад ба кишвари онон биёяд. Барои шањзода њамеша рањи бахту тахт кушода аст. Ва азбаски њама писарон дар гумонанд, ки мањз дар хонадони худ ба ќадрашон намерасанд ва бештар аз он, ки сари Виштосп аз бодаи гулранги бањор ва майи арѓувон ва ѓуруру худхоњї тира гашта буд, макри душманонро чун арзи њастї ќабул кард.
Махсусан ин сухани падараш дар васфи бидахш ба ў писанд наомад.
Лўњросп гуфт:
—Њама мулки Эрон шод бод, ки маро фарзандоне азиз аст ва бидахши бузург Њвогва ва шањриёрони бохирад…
Тоќати шањзода Виштосп тоќ шуд, бемуњобот чун пиле бархост ва наъра кашид:
—Эй падар, туро тољу кулоњи шоњї фархунда бод! Аммо љое, ки чу ман фарзанде дорї, нашояд, ки бар дигарон такя бикунї. Ман аз кї камам? Магар аз Рустам, ки марди замони дигар аст. Бо ин фару шукўњ манам арзандаи тахти каён. Њолиё васият бикун бар ман тахтро…
Боз сухани бисёре гуфтан мехост, аммо аз мастї маѓзи гапи худро баргуфт ва аз њайрату хомўшї ва ба ташвиш афтодани њозирин якбора њушёр шуда хомўш монд. Андак пушаймон њам шуд, ки бе суханпардозї ба асли маќсад пардохт. Вале тир аз камон љаста буд.
Лўњросп аллакай ба ин гардиш омода буд, бо мењрубониву хушї ин суханро пазируфт ва гуфт:
—Ту шохаи пургулї, вале туро танаи пурќуввату решањои ќавї мебояд,  ба мисли падарат, бидахш, вазирон ва њама ниёгони мулк. Он рўз дур нест, ки чун Кайхусрав ман туро ба тахти шоњї биншонам. Аммо њоло бар сари мулк бисёр мушкилотест, ки танњо бо ќувваи бозу њал кардани он ѓайриимкон аст. Осуда бош, шањзода.
Кош падар писари шўридадилро сахттар коњиш мекард. Аз ин гуфтори сулњомез Виштосп гумон кард, ки падар ба тарс афтоду аз тарс сухани хуш мегўяд ва мехоњад бо хушї аз асли масъала сарпечї кунад. Ѓурураш болотар гирифта бо ќањр гуфт:
—Чунин аст расми шањон: бегонагонро навозанд ва зодагони худро њаќир шумаранд. Пас, эй шоњ! Бегонагонро азиз дор. Вале ман дигар ба фармони ту наям!
Гўё раъду барќ шуд. Њама ба њайрат афтоданд.
Муњофизони шоњ, ки њама пањлавонони яккачин буданд, омодаи ишорат табарзину шамшерњоро ба даст гирифтанд. Аммо бо ишораи шоњ ором шуданд.
—Истед. Май ва њавои навбањор сари шањзодаро ба гардиш овардааст.
Вале Виштосп аз ин тањаммули падар низ хулосае набардошт, љониби баромадгоњ рафт ва гуфт:
—Ман бахту тахти худро дар љои дигар биёбам!
Мањфил парешон шуд.
 Сесад савора, сесад вазирзодаву ашрофзодагони кордон, сесад љавонмарди сар пур аз боди ѓурур њамоно бо ишораи Виштосп бархостанд ва аз дарвоза бурун шуданд. Аспњоро пешакї омода карда буданд. Фаќат яке аз њамсўњбатони Виштосп –вазирзода Фрашаоштра Њвовгва ба ин амр норизо буд, аммо наметавонист аз дўстони њамсоли ашрофзодаи худ људо шавад. Он лањза њар кадом дар сар андешае доштанд, ки ќањрамонї мекунанд. Душманони тахт ба онњо чунин фањмонда буданд.

              8. СЕ  ГУРЎЊ ДАР ЧОРРОЊА

Субњи Дарељйа дар миёнаоби Вахва Даитйа басо зебост.
Зардушти Спитмон бо маслињати падар аёлу фарзандонро назди ў бигзошт ва роњи кўњистонро пеш гирифт то дар баѓали он ором ва орї аз ташвишњои оддии заминї сар ба рањи кўи худо нињад.
 Падари Зардушт марди диногоњу худољўй, Пурушаспа низ мубади донишманд буд.  Муридонаш ба ў дар саргањи рўди Вахва Даития, дар кўњистони хушобу њаво боѓчае њадя карда буданд, ки дар фасли гармо он љо иќомат карда, китобат менамуд. Ба Зардушт низ он љойгоњ бо ќуллањои барфпўш ва дарањои гулпўшаш писанд буд, дар он дараи сарсабзу хушњаво неру мегирифт ва теша бар решаи андеша мезаду мурѓи илњомаш парвозњои баланд мекард. Ањолии дењањои хурд-хурди кўњии аз њам дур афтода аз зиндагии сахти кўњистон бо њам муттафиќ ва одамдўст буданд. Бинобар ин, субњи барваќт Зардушти Спитмон кўлвори сабуке бардошт ва равон шуд. Барои Ваюкерета, ки говашро ба пода њамроњ мекард, ва чанд кишоварзе, ки аз пайи кори доимии хеш буданд, ин сафар ањамияте надошт, вале дили Зардушт гувоњї медод, ки ин дафъа бори гароне бар дўши ўст.
Дарељйа дар поён монд, кўњњо сар шуданд. Њузне дар дили љавон падид омад.
Дар назди чањорроња, ки яке ба пойтахти ќаламрави мулки Арљосп мебурду дигаре ба Бохтар—пойтахти Лўњросп ва савумї ба кўњистони Гава Суѓда ва чањорум ба сўи Њинд, чашмаи обе мављуд буд. Зардушт сари чашма омаду хуррамии аљибе дар дилаш рух дод, манзарае, ки аз айёми бачагї дўсташ медошт, ба дилаш фарањ бахшид. Об нўшид, ба ќумѓони мисин оби тоза гирифт, ва лањзае андешид, ки чаро обро њамкасони ориёии ў худо хондаанд. Дарёфт, ки дар пањнои гарми Ориёно об воситаи њаёти одаму вуњуш ва рустанињост. Бинобар њамин, ниёгон ба об хосияти офаридгорї дода ниёиш кардаанд.
Ин лањза Спитмон Зардушт шоњиди њоли аљибе шуд: ќофилаи на чандон калоне аз сўи Бохтар меомад. Љангафзору лавозимоти эшон чандон зиёд набуд, аммо либосњои сурхранг, тасмањои зиёди заррини аз камари либосњо дўхташуда, дурахши тугмањои заррину  ороиши зиёди эшон шањодат медод, ки онњо асилзодагонанд. Пешрави онњо  шањзода Виштосп бори дигар ба љануб рўй оварда оњи сард кашид, ба чањор љониб нигариста дар дил гуфт:
—Падруд Бохтар. Падруд модари азиз. Маро бубахшой. Илољи дигар нест.
Ба њамроњонаш, ки барои обгирї аллакай назди чашма фаромада буданд, фармуд:
—Меравем.
Виштосп аспашро мањмез зад. Ќофила аз ќафои ў рафт.
Фрашаоштра, ки баробари ў мерафт, аз дил гузаронд:
—Ба ќаламрави Арљосп?
—Бале.
—Рањи Сиёвуш такрор мешавад?
—Бале…
Пас аз лањзае дар сањрои беканор онњо ба мисли гунљишкон хурд шуданд, сипас ба чанд нукта мубаддал шуданд ва нињоят, тамоман нопадид гаштанд.

Як гурўњи хурди саворон аз љониби шимол расид. Либосњои эшон низ бештар сиёњ аст ва  ороиши заррини онњо камтар. Онњо низ аз чашма об нўшиданд.
Сари ќофила ба њамроњонаш гуфт:
—Тири мо ба њадаф расид: Шањзода Виштосп аз падар ранљида, Бохтарро тарк намуд. Лўњроспи пир бидуни пури бузурги худ заиф шуд, ним одам шуд.
—Ин фоли нек аст. Тавонад, ки душманони дигари моро ба мо дилгарм кунад.
 Аз тарафи шарќ низ дастаи на чандон калони сипоњиён расид. Либоси онон бештар аз пўст ва пашмина аст.
Онњо ба њамдигар салом доданд:
—Дуруд.
—Анўша будї.
Сарвари гурўњи дувум ба пешрави гурўњи аввал номае дод ва гуфт:
—Инак, номаи љавобии дањйупатии бузург Норашнї ба шоњи Тўрон Арљосп. 
—Дуруд ва сипоси шоњ Арљосп зиёд аст. Ба шоњ бирасонед, ки бо њилањои љангии мо  шањзода Виштосп аз падар ранљида, аз Бохтар бадар рафт ва роњи чаманњои Бохтар ба шерони Норашнї кушода шуд. 
—Сипосгузорем. Мо коре кунем, ки шањзода Виштосп њаргиз назди падар барнаояд.
—Ин барои шерони биёбон мушкилие нахоњад дошт. Митра нигањбони Шумо бод.
—Девондев Анграмаинйу шуморо паноњанда бод.
То ваќте ки ин гуфтугузор барпо шуд, ходимон дар поёни чашма, зери дарахтони бузург љой густурданд.  Маълум шуд, ки кабобро низ барои эшон тайёр кардаанд. Сипоњиён низ бо њамин кори худро тамомшуда њисобиданд ва шитобон ба гўсфанди бирён дарафтоданд. Сипас  ба тарафњои омадаашон баргаштанд. 

Касе ба Зардушти Спитмон ањамият надод. Гуфтугузорњо низ хеле паст буданд, вале кўњњои баланди нимдоира, ки Зардушт дар камари он нишаста буд, акси садо медоданд ва хоса, гўшњои ба сухан одаткардаи Зардушт њамаро ќабул карданд. Бинобар ин, оње кашид, ба хуршед ниёиш карду дар дил гуфт:
—Чаро?  Чаро одамон наметавонанд тинљу осуда бошанд? Чаро ду шоњ дар кишвари бузург љой гирифта наметавонанд? Чаро Падарро аз Писар људо карданиянд? Оќибати ин кор чї шавад?

Ва пажўњише, ки ў оѓоз кард, дар роњ, аз њамин њодиса шурўъ шуд.
 Баробари расидан ба дењи падар њамсояњо ба зиёрати ў омада, аз њоли падараш огоњ шуданд. Нияти аслии ўро фањмида, шод гардиданд ва изњори умед карданд, ки ў муддати зиёдтар дар кўњистон мемонад. Зеро ки Зардушт пизишки тавоное буд, бо гиёњ дармон мебахшид, равондармонї мекард ва низ бо теѓи Трита табро мебурид. Бинобар ин ва ба эњтироми он, ки мубадёр буду худољўй, њамдењон ўро бо эњтиром Аша Зардушт ном мебурданд.
Зеро ки Аша худ Ростии безавол аст.

9. ВИШТОСП АЗ МУЛКИ
ПАДАР ФИРОР КАРД

Тамоми рўз ва шаб дам нагирифта асп тозонданд. Виштосп гумон дошт, ки аз паси онњо бо амри падар лашкар хоњад даррасид. Аммо касе наомад. Чун ба соњили рўди Вахва Даитйа расиданд, амадбонро надиданд. Аљаб нест, ки ў њам ба љашни дењи худ рафтааст.
Рад як одати хуб дошт, ки дар лањзаи мувофиќтарин пайдо мешуд ва дар лањзаи охирин сухани худро гуфта паллаи тарозуи андешањоро ба фоидаи як тараф њал мекард. Ин сифати ўро эзадї пиндошта оњиста –оњиста ба ў ихлосманд шуданд. Ва њангоме ки ба сари Виштосп фикри ошўб пайдо шуду дигар њамнишинон ўро пазируфтанд, ў хомўшона ризоият дод, ва њангоме ки аз пойтахт хеле дур рафтанд, хатои љавониро фањмида чизе нагуфта, хомўширо ихтиёр кард, гўё тадбирњои хирадмандонае мељуст. Танњо замоне ба сухан даромад, ки њама аз њамдигар ранљидаву хаставу гурусна шуда, аз ин сабаб рањи корро гум карданд. Он ваќт, ки фикри Фрашаоштра бо масъалањои муњими таъриху сиёсати кунунї ва роњњои халосї аз душманони тасаввурї банд буд, Рад шояд барои худ, вале ба њама хитоб карда гуфт:
—Бо шиками холї фикри дурусте ба сар наояд. Суфраву хўрданї бояд орост.
—Вале дар ин биёбон хўрок аз куљо ёфт шавад?
Рад ба љавонмарди тавонои дар пањлуяш истода рўй овард:
—Бендва, боре дидам, ки мурѓи парронро дар њаво задї.
—Чунин буд.
—Гумон дорам, ки дар соњили дарё даду дом фаровон аст.
—Бале.
—Дигар оташу њезуми хушк ёфтан аст, ки мушкиле надорад.
Фрашаоштра низ розї шуда гуфт:
—Мебояд, ки порае роњат бикунем ва сипас ќад-ќади рўд биравем.
—Бошад.
Виштосп рухсат дод.
Асилзодагонро ин фикр писанд омад ва њарки њунари худро нишон дод ва дар як замон њама дарду њиљрон фаромўш шуд. Њама худро ба рўд афганда ѓубори рањро бароварданд. Бендваи чобук аз дурї кабкеро бо тири камон гирифт, дигарон њар кадом чизеро бо тири камон баргирифтанд ва пас аз андаке ходимон бўйи иштињовари кабобро ба атроф пањн карданд. Дар њоли гуруснагиву ѓарибї пораи гўштњои нимхоми дудзадаи паррандаву дарранда дар комњо чу ангубин ширину гуворо буд. Баъд љавонмардон борњо он хону он гўшти болаззатро ба ёд оварданд.
Аммо Виштоспро ин шод накард. Њоло ў њушёр шуда буд ва аз карда пушаймон. Аммо шањзодагон низ чун шањон сухани худро пас намегиранд. Ва баъдан дар андеша зад, ки падар пас аз ин густохї ба ў чї бањо дињад? Муњимтар аз он, вазири Доха ваъдаи зиёд дода буд, аммо ё ќофилаи вай дар ќафо монд, ё фанду фиреб буд, ки дар ин муддат ягон нишоне аз иљро шудани ваъдаи ўро надид. Бале, азбаски мастона тохтанд ва аспњояшон низ љавмаст шуда, барои пойга омода карда буданд, хеле тез масофаи бузургеро тай карданд ва одамони сарвари мулки Доха фурсат наёфтанд, ки домњои худро сари роњи шањзода нињанд. Ана њамин љавонони хирасарро аз марги муфољо наљот дод.
Вале Виштоспи љавон макри душманро намедонист ва аз ин бештар ба њайрат афтод ва аз пайи чора андешидан шуд. Фрашаоштраро ба соњили рўд бархонд. Дар сояи ѓафси дарахтони бед нишастанд.
Фрашаоштра аз хонадони бидахшњои бузург – сарвазирони кишвар ва маслињатчиёни шоњон буд. Њарчанд ки Виштосп аз суханњо ва мењрубонии падар дар њаќќи ин хонадон озурда шуд, аммо бо Фрашаоштра аз хурдї дўстї дошт ва њарчанд, ки падарро ба бегонапарастї, яъне парастиши барзиёди Њвогва муттањам кард, худаш беихтиёр сирри дилашро ба  «бегона»—писари Њвогва гуфт ва худ бегонапарастї карда аз ў маслињат пурсид.
—Моро фирефтаанд. Мехоњам ба сўи Њиндустон равем.
—Нек бошад, њиндуњо низ њамнажодони ориёии мо њастанд, вале Њиндустон дур асту касе моро интизор нест. Шояд ки дар Доха бењтар шавад, ки њам наздик аст ва њам ваъдаи дўст расида…


Бохтар. Кохи Лўњросп. Шоњ Лўњросп ба ин зарбаи нињонї омода набуд. Аввал барошуфт ва аз њама моли дунё, аз фарзанду љигарбандон безор будани худро изњор кард:
—Барои як худи ман чї лозим ин тахту тољ? Мулк барои раият медорам ва аз фарзандон умед дорам. Дигар ба чї умед кунам?
Бидахши бузург Њвогва имкон дод, ки шоњи ширакайф хуб дил холї кунад. Сипас хоњиш кард, ки аз макри душман, доми гузоштаи раќибон биандешад.
—Барои душманону њаместорон њамин лозим аст: онњо хостори онанд, ки байни падару писар нохушї шавад, падарро аз болњо ва писарро аз сар људо кунанд, то ки ба осонї зарбањо зананд ва ѓаниматњои зиёд бардоранд. 
Лўњросп бештар ошуфта шуд:
—Чї мефармої? Назди писар ба зону занам ва узр пурсам?
—Аз кењтарон гуноњ, аз мењтарон бахшоиш гуфтаанд. Баќои мулк инро талаб мекунад.
 Лўњросп ором нашуд, вале илољи дигар наёфта гуфт:
—Писари ту њам бо ўст. Бирав, ўро панд гўй. Ба писар бигўй, ки ба хубї баргардад.

Пас аз лањзае бидахши бузург њамроњи бист тан сарбозони яккачин савори аспњои бидави бохтарї аз пайи љавонони пуршўр рафтанд.

10. ДАР ЉУСТУЉЎИ ЭЗАДОН ЭЗАД

Камари кўњи зебоманзар. Аз як тарафи он рўди хушобе љорист. Чанд пайроња аз байни чаманзору буттањои пурмева тоб хўрда аз болои гиёњњо, сангњои сафед, оњаку гилхока ва мармар гузашта, ояндагону равандагонро аз љониби дењу шањрак, рањи корвонгузар ва рўд ба сўи маъбад мебаранд. Вай дар њавои кушода љой гирифтааст. Меъморон камари кўњро канда, оташ ва дигар ашёи заруриро чунон устокорона љой кардаанд, ки кўњу дарахтону гиёњу рўд ба њам тавъам афтода, гўё офаридаи дастони эзадон аст. Вай маъбади Воњумана – пиндори нек аст, ки аз замонњои ќадим, таќрибан њафт њазор сол ќабл, то эълом гаштани дини зардуштии Маздоясно  низ мављудият дошт.
Дар ќадим бинои хосаи маъбад шарт набуд. Тамоми табиат ба ин хидмат мекард, ба ин маќсад бари теѓањои баланди, мувофиќи тасаввури ориёињо, ба макони худоњо наздик, роњравњои кўњии дорои чашма, ё рўд, ки мувофиќи аќидаи ориёињо ба обњои љањонї мепайваст, интихоб мешуданд. Дар ин љо мењроб монда, назди он хошок мегустурданд, то эзидњо он љо бишинанд. Каме дуртар аз он гулхан мегиронданд, то ки оташи он тамоми ќурбонї—гўшти чањорпои ќурбонишуда, равѓани гов, равѓан, нон ва меваљотро «хўрад». Дуоњо ва ќурбонињо назркунандагон ва коњинонро бо эзид мепайвастанд. Зеро ки сухан низ чун ќурбонї садо медод  ва љараёни ќурбониро ифода мекарданд. Ин маънї дар ведањои њинди бостонї боќї мондааст. Мутобиќи он равѓан, ё хун, ё «рўњи тозаи» чањорпои ќурбонишуда аз уќёнуси љањонї ба рўњи буќќаи аввалин ва рустании аввалин њамроњ шуда, ба онњо ќувва медод, то рўзи охират вай эњё шуда, Ањриманро бо тамоми девњои бадиаш нобуд кунад.
Одатан, дар маъбад њангоми маросимњо як ё якчанд эзадњо ќарор мегирифтанд. Зардушт ва ањли хонадони вай муддате буд, ки бештар эзадњои некро ниёишу ситоиш мекарданд. Њанўз эзад ба маънии худо шакл нагирифта буд, вале истилоњи йаз-- ибодат кардан, таъзим карданро ифода мекард, ки дертар ифодагари њомиёни неки мардумон ва табиат, ё худ эзадњои нек шуд. Мутобиќи мушоњидањои Њеродот, ки дусад сол пас аз Зардушт зистааст, то дер замоне барпо кардани њайкалу маъбадњои пўшида ќабул набуд. Зеро ки он худоњо дар тасаввури онон ба инсон монанд набуданд. Муаррихи дигари юнонї, ки дар асри 1У то мелод зистааст, чунин навиштааст: муѓон  њар рўз ба саљдагоњ даромада, ягон соат дуо мехонанд, ин лањзањо пеши оташ дар даст барсам нигоњ медоранд. Барсам —Баресман аз моддаи Барез ба маънии болидану рўидан, буда маънояш шохаи буридаи дарахт мебошад.
Ба њар оин, њанўз дар маъбад ду нишони эзади бадї—девон дев Ањриман, ва гурги бадхашм Герењмо, деви гадої Драйва  гузошта шуданд. Вале њар ваќте ки назари Зардушт ба онњо меафтод, бидуни ихтиёр чењрааш пурчин шуда, аз онњо дурї мељуст. Чизе дар нињоди онон буд, ки дили ўро ба девон сард мекунад.
Ашу Зардушт низ ба нияти ёфтани кушоиш ва баракат ба эзадон назру ниёз овард, оташ гиронд ва дар айни замон ба ёд овард, ки нахустин маротиба кї ин одатњоро фармудааст? На, њарчанд сафњањои китобњои хондааш—сафолнавиштањо, номаву наскњои дар пўсти дарахтон ва говон нигошта ва ривоятњои шунидаашро хаёлан вараќгардон кард, дар њељ љой дараке пайдо накард. Хотираи њамзамонон воќеањои таќрибан аз сесад то њазор сол пешро дар ёд надошт. Агар аз њоло чунин аст, пас аз њазор сол чї шавад?  Дар њељ љое навишта нашудааст, ки вай аз кадом дарахт бурида мешавад. Аммо Ашу Зардушт навишт, ки ин шохањо бояд аз дарахти анор бурида шаванд. Бо корди хоса, ки барсамчин хонда мешавад, аз дарахт мебуранд ва оини шустушўи махсусро њамроњ бо ниёиш барои он ба љой меоранд. Љое ки њангоми баргузории оини ниёиш барсамњоро дар он љо мегузоранд, Барсамдон ном дорад, ва онро Моњрўй низ хондаанд. Зеро бахши болоии он, ки ду интињои барсамњоро нигоњ медорад, ба шакли ду теѓаи моњ аст.
Дарозї ва бари шохањои барсам таъйин шудааст:дарозиаш баробари говоњан ва ситабриаш баробари ситабрии ѓафсии донаи љав бошад. Шумораи шохањои барсам—вобаста ба оинњо гуногун аст. Суруш —нахустин каси барсам густурда  сетої, њафттої, нўњтої то баландии зону ва то ба нимаи по расанда густурдааст. Миќдори он дар оини «Вандидод» ва «Виспарад» 35-то, дар оини «Ясна» 23 то, дар Бож 5-то, дар «Нирангистон» 3-то нишон дода шудааст.
Барсам густурдан реша бар асотири куњан дорад. Њушанги пешдодї бар тахту бистари заррин, назди барсами густурда, пешкаш ба изад Вайу мебарад.
Њангоми баргузории оини ниёиш шохањои барсамро бо банде аз барги хурмо бофта мебанданд, њамон гуна, ки маздопарасте куштї мебандад. Онро куштии барсам мегўянд. Маќсуд аз густурдани барсам сипосу ситоиши офаридгор аст, ки гиёњону рустанињо бар рўи замин офаридаи ўст, дарозиву ситабрии он таваљљўње ба кори кишоварзист. Њамчунин дар оини барсам њангоме ки шохањои барсамро дар оби заур мегузоранд, ва аз тарї ба-д-он тозагї ва неру мебахшанд, ин кор ёдоварї аз борону обёрии киштзорњост.               
Барсам густурдан расми куњан аст, ки њангоми ќурбонї кардани љонварон дар мањалли ин оин шохањои барсамро густурда, гўшти ќурбониро бар он менињодаанд. Мубади баргузоркунандаи оини ниёиш дар тамоми муддати барпоии оин бояд чашм бар шохањои барсам, ки бар даст гирифтааст, бидўзад. Инчунин дар таърих омадааст, ки шоњон пеш аз хўрок хўрдан барсам ба даст бож мегирифтаанд.
Дар Язд шохањои дарахти газро ба манзалаи барсам ба кор мебаранд ва онњоро бо наворе аз пўсти дарахти тут мебанданд. Гоњо милањои биринљї љойгузини ин таркањо мешаванд, чунонки дар назди порсиёни Њинд маълум аст, аммо дар Язд ин љойгузинї  танњо зимистон, ки ба даст овардани таркањо номумкин аст, сурат мегирад.  Барсумро аз он шохањои анор гиранд, ки дарозиаш баробари бозу ва ѓафсиаш баробари донаи љав аст. Мубадон дар сар сарпўшњои пашмии сафед ва ба рўй паном доранд, ки лабонашонро мањкам мекунад. Ва дар рўзњои хосаи идона, дар соатњои муайян њайкали боњашамати Воњуманро меоранд.
Тарзи афрўхтани оташ низ аљиб аст. Мувофиќи нишондоди Павсаний дар миљмари оташ хокистаре њаст, ки рангаш аз хокистари муќаррарї фарќ мекунад. Муѓ ба маъбад ворид шуда, ба миљмар њезуми тоза ва хушк гузошта аввал паном мепўшад. Сипас китоб ба даст гирифта, бо хондани дуо худоњоро даъват мекунад. Ва ин лањзањо њезуми ба миљмар нињодааш бе он, ки ба вай оташ расонанд, худ аз худ дар мегирад.
Аша Зардушт ба муљассамањои худоёни гуногун, ки дар раддаи рўи сангњои кулбааш гузошта шуданд, бо њайрат назар кард. Мувофиќи ривоятњо ниёгон бо сарварии шоњи пешдодї Кайхусрав бутњоро хеле бармањал инкор карда буданд. Вале дар гўшае бути деви бутпарастон Буити ва дањњо бути аз сангу чўб тарошидаи девњо бо сарвари девон дев Ањриман меистад. Дар як тараф Рамзи фурњуар, Ањурамаздо ва эзадони некхоњи одамон љой гирифта буданд. Садњо ниёишкунандагон бо заур ва мийазд ба онњо мурољиат мекунанд, садњо орзуњои ба њам зид. Ва бутњои вазифањошон гуногун ва аксари ваќт ба њам зид гўё болои сари одамон истода, онњоро ба ѓаризањои ба њам зид тела медињанд.
Зардушт хаёлан ба онњо мурољиат карда пурсид:
—Магар ин њама хости Шумо, офаридгорон аст? Магар худоњо одамиро ба ѓаризаи бад—ќатлу куштор, дуздиву ѓорат, оташзанї, њидоят мекунанд? Чаро якеро шоду дигаре ношод мекунед? Ин њама аз  љафою  мењрубонии шумост? Људо кардани писари шоњ Лўњросп ва бар ў рахнањо задан ба хоњиши кадом эзадон аст?
 Дар назари Зардушт чунин намуд, ки муљассамањои худоёни гуногун—Эзадњои ањурої ва девњо ба њам бо кину арбадаљўї назар мекунанд. Гўё њамин њоло аз гулўи њамдигар мегиранд. Ва саволњо зиёд мешаванд:
—Чаро?  Чаро?  Чаро?...
Ва Зардушт ниёиш кард ба худованд:
 —Эй бењтарин аз њама, эй Худованди хирад, ба сўи ман биё ва худ аз партави Ростї ва Маниши нек ба ман бинамо, посухи намозу ниёиши маро ошкоро соз. Эй Худои Доно, эй тавонотарину эй Оромиш, эй Ростии љањонафзо ва эй Маниши нек, эй Шањриёрї, ба ман бахшоиш кунед: Худоё, диламро барангез ва аз Оромиш тавоноиам бахш. Аз афзояндатарин хиради хеш посух ба ниёишњоям дењ. Аз Ростї нерўи фаровонам фармо ва аз Маниши нек шодиам арзонї дор.
Љустуљўи худо дар мадори баландтаре оѓоз ёфт…

11. ВИШТОСП АЗ ЊАМРОЊОНАШ
ФИРОР МЕКУНАД

Љавонони аз худ дилпур пас аз ѓизо осуда хобиданд. Вале Виштосп бошиддат аз сарнавишти ояндаи худ фикр мекард ва хобаш намебурд. Назди гулхан нишаста, гўё аз оташ асрори ояндаро мепурсид. Баробари ў Фрашаоштра низ бедорхобї мекашид. Нохост ў гўш ба замин дода гуфт:
—Садои суми аспонро мешунавам. Пиндорам, ки аспи Шабдез аст.
—Аспи падарам?
—Бале. Аммо дар асп каси дигар савор аст.
—Сарони лашкарро фиристодааст, ки маро нобуд кунанд.
Виштосп ба аспи худ савор шуд.
—Фирор мебояд кард.

Пас аз лањзае њама номварони љавон сари аспњои дамгирифта ба њаракат даромаданд. Онњо куљо рафтанд, дигар касе аз бохтариён надонист. Бидахши бузург Њвогва ба лахчањои гулхани њанўз сурх нигариста, асли њолро дарк намуда аввал аз писари худ Фрашаоштра хафа шуд, вале дертар аз писараш хотирљамъ шуд, ки таълими додааш бењуда нарафтааст ва ў тавонад дар лањзаи мушкил илољи беилољиро дарёбад. 

12. ЗАРВОН, АЊРИМАН ВА АЊУРА МАЗДО
 
Маъбади Зардушт. Ашу Зардушт аввал даври бути девон ва сарнавишти онон гашт, ки мудом боиси бањсњо ва ихтилофи назарњо мегардид.
—Девњо аз куљо пайдо шуданд? Чаро бо њама кирдори зишт одамон ба онњо ниёиш мекунанд? Бо он, ки њамвора ва пайваста девон ба тамоми њастї осеб мерасонанд, чаро мардумон аз онњо паноњ мељўянд? 
Ашу Зардушт устоди мантра буд. Ваќте ки ниёиш мекард ва каломи муќаддасро мехонд, тамоми таърихи рўзгори гузашта бо он чи хондаву шунида буд, пеши назараш падид меомад ва аљибтар аз њама, онон бо њама њусну ќубњашон, дар нуќтае падид меомаданд, ки онњоро тањлил карда, љињатњои бењтарину нуќсонњояшонро дарёфта, њаќро ба њаќдор мерасонд.
Ана њамин тавр, дар шоми тира, дар рўшноии оташи муќаддас ва чањор шамъи дар  чањор гўшаи маъбад гузошташуда, гўиё дар миёни оташи фурўзони оташкада манзарањои аљиби замони пешина дубора падид омаданд.
Боз пеши назари Аша Зардушт манзараи набардњои шадиди эзадон љилвагар шуд:
—Нахуст чї буд? –Зарвон—Ин номи изадест, ки дар дастурњои таърихиву динбурдорї аз ў бо сифатњои бекарона ва дирангхудой ёд шуда, монанди дигар менувиёну офаридагони Ањурамаздо дархури ниёишу ситоиш аст. Фирќаи Зарвония ќабл аз њама кешњои дигар вуљуд дошт ва дини тўдаи мардум буд.
Аша Зардушт аз ривоятњо ба ёд овард, ки Зарвон замон аст. Ў будаасту њамеша бошад ва њарки хираде дорад, нагўяд, ки замон аз куљо омад, вале бо ин њама бузургворї, ки дошт, касе набуд, ки вайро офаридгор хонад. Зеро ки ягон офариниш накарда буд. Аз мадракоти куњан бармеояд, ки Зарвон пеш аз њама чизи дигар вуљуд дошт ва њазор сол ба ниёиш истод, то ўро писаре падид ояд, ки номаш Њурмузд хоњад буд—писаре, ки бояд осмону замин ва њамаи дигар офаридагонро офаринад. Аммо пас аз њазор сол ба Андешаи шаколуд фурў рафт, ки оё бењуда кўшидаам? Ва дар ин њангом буд, ки Њурмузду Ањриман ба зањдони вай даромаданд: Њурмузд аз хосту орзуи ў ба фарзанд доштан ва Ањриман аз шаки вай.
Зарвон чун аз вуљуди фарзанд огоњї ёфт ва донист, ки Њурмузд ба зањдон наздиктар аст, савганд хўрд:
—«Њарки зудтар назди ман ояд, фармонравоии љањонро бад-ў супорам.»
Њурмузд, ки аз Андешаи падар огоњ шуд, дар њамон замон Ањриманро огоњ кард. Ва Ањриман кўшид, ки пеш аз Њурмузд аз зањдон берун шавад, аммо чун Њурмузд ба дањони зањдон наздиктар буд, Ањриман занахдонро дарид ва аз он берун љаст ва хештани зиштро ба Зарвон бинамуда гуфт:
—Ман фарзанди туам. 
Зарвон чунон фарзандеро, ки њама тирагиву тунду ситез буд, написандид. Дар њамин њангом Њурмузд зода шуд, ки равшану хушбўй буд. Ва Зарвон донист, ки писари ормонии ў њамин аст. Вале чун Зарвон савганд хўрда буд, ногузир љањонро ба Ањриман супориду гуфт:
—Эй Ањриман, туро шањриёр мекунам то нўњ њазор сол фармонравої кунї, аммо Њурмуздро чунон офаридаам, ки бар ту чирагї ёбад ва пас аз давраи нўњњазорсолаи ту ў ба шањриёрии љањон хоњад расид. Ва чунон фармон хоњад ронд, ки коми ўст.
Ањримани ѓолиб дигар парвои ин суханњо надошт.
Он гоњ Зарвон ба Њурмузд дастае барсам супурд, ки нишонаи мубадї бар љањон аст ва бад-ў гуфт:
—То ин замон ман барои омадани ту ниёиш кардам. Аз ин пас ту барои ман ниёиш хоњї кард.
Бад ин гуна Ањриман фармонравои љањон шуд ва Њурмузд ба ёрии ниёиш карданњо саранљом бар ў чирагї хоњад ёфт.
Аз Зарвони бекарона зарвони каронаманд бо нўњ њазор сол дарозо падид меояд, ки дар тайи он миёни ду фарзанди ў набард дар мегирад ва бо пирўзии Њурмузд бар  Ањриман поён мепазирад. Соли кайњонии зарвонї, ки нўњ њазор сол дарозо дорад, дар баробари соли кайњонии маздої ќарор мегирад, ки дувоздањ  њазор сол аст ва ба чањор давраи сењазорсола бахш мешавад…
Аша Зардушт ба ёд овард, ки Ањриман таќрибан чї намуде дошт.
Раъду барќ шуд, шамоли сарде вазид, њама гетї ранги торикї ба бар кард ва Ањримани зишту бадкор ба тамоми ќароњату нохубї дар назари Аша Зардушт љилвагар гашт, гање рўи санг дароз мекашид, ва гање мехост оташро хомўш кунад, вале аз мантраи варљованди Аша Зардушт чун сайди аз камон љаста берун мељањид ва тавбакунон боз наздик меомад.
Ашу Зардушт ба-д-ў гуфт:
—Туї Ањриман—Анграмаинйу, менуи ситењанда ва душман, номи яке аз ду менуи аслї дар устураи офариниши назди ориёињо, ки дар баробари Спентамаинйу (Спандмену) ќарор дорї, унвони дигари ту Гано мену—менуи аз миён баранда ва нобудкунанда аст. Туї Ањриман —саркарда ва солори камоладевон ва дигар девону љодуён ва париёну бартарин душмани Њурмузд. Куному пойгоњи ту дар Апохтар-Шимол, дар дўзах аст. Даврони набарди Спентамаинйу ва Анграмаинйу –Њурмузд ва Ањриман 12 њазор сол аст, ки њазораи дањум то дувоздањум вопасин давраи он буда, сипас Саошйантњои сегона—наљотбахшон меоянд ва Ањура Маздо ѓалаба мекунад…

Зардушт њезуми нав гирифта, ба тариќи чилликвор ба оташ гузошт.
Саволњо бештар шуда, њуши ўро ба тарафи дигар бурданд:
—Охир, љањони астмандро Ањурамаздо офарид. Ањриман чї офарид?
Пеши назари Аша Зардушт фуруњари Ањурамаздо падид омад, бўи хуши гулшану рангњои зебои бањорї падид омад. Ањурамаздо назаре бар Анграмаинйу накарда,  хомўш бо корњои худ машѓул шуд. Ањриман мекўшад, ки њар лањза ба ў халале эљод кунад.
 Ва Аша Зардушт офаридањои ўро ёд овард:
—Ањуро Маздо нахусткишвари ниёгони мо—Ориёнвайљро офарид бар  каронаи Датийаи нек. 
Дарзамон кунљи ѓор биљумбид ва сурати зишти Ањриман ба гуфтор омад ва кирдори зишти худро гуфтан гирифт:
—Пас ман биёмадам, Аждањоро дар рўди Датийа офаридам ва зимистонро бар љањони њастї чирагї бахшидам. Дар он љо дањ моњ зимистон асту ду моњ тобистон ва дар он ду моњ низ њаво барои хоку дарахтон сард аст. Ва орёињо Ориёнвайљро тарк кардаанд.
—Ањура Маздо дувумин кишвари некро офарид, ки вай љулѓаи Гава Суѓда буд.
—Ањриман ин љо храфстрае ба номи Скайтйаро офарид, ки марг бар галаи говон дод.
—Севумин Марви зебо буд.
—Ањриман он љо хоњишњои гуноњолудро офарид.
—Чањорум Балх буд,
—Ањриман дар он љо Браваро офарид.
—Панљум Ањурамаздо  Нисаяро офарид,
— Ањриман он љо гуноњи сустбовариро офарид,
—Шашум—Њирот ва дарёчааш буд.
—Ањриман сиришку обгунаи пурмояро офарид. 
—Њафтум Кобули бадсоя буд.
—Ањриман Парии Хнатаититро офарид, ки ба Гаршосп пайваст.
—Њаштум Урваи дорои чарогоњњои саршор буд.
 —Пас Ањриман биёмад ва гуноњи худкомагиву фирефториро офарид.
—Нуњум —Хнента дар Гургон буд.
—Ањриман гуноњи нобахшиданї—кунмарзиро офарид.
—Дањум—Њарањваитии зебо буд. 
—Ањриман хоксупории мурдагонро офарид.
—Ёздањум —Њирманди ройманди фарраманд буд,
—Ањриман љодуии зиёнбори љовидонро офарид.
—Дувоздањум —Рай буд.
—Ањриман гуноњи барангехтани сустбовариро офарид.
—Сенздањум —Чахраи неруманду пок буд.
—Ањриман гуноњи  мурдорсўзонро офарид.
—Понздањумин сарзамин—Њафтруд буд.
 —Ањриман даштони нобањинљори занон ва гармои сахтро офарид.
—Шонздањум —сарзамини сарчашмаи рўди Рангња буд.
—Пас  Ањриман зимистони девофаридаро бар љањон чирагї бахшид.
—Ањура Маздо боз кишварњои дигари зебову бас ромишбахшу дурахшон офарид.
—Ањриман олудагињои дигаре кард  ва тавоноии худро нишон дод.  Ва мардумон бояд битарсанд аз неруи Ањриман ва парастиш бикунанд ўро ва девони ўро. 
—Ањурамаздо офарандаи нур ва некист…
—Ањриман офарандаи торикї ва бадињост. Пас, Ањриман пурзўр аст! Ањриман љањониёнро ба танг овард ва ба васваса андохт.

13. АБУЛБАШАР, МАШИ ВА МАШИЁНА
 
Ашу Зардушт ба ёд овард, ки байни одамиву  Ањриман чї савдоест:
Ањурамаздо пас аз ишкол додани њайвони нахустин Гов, кори  шашуме, ки анљом дод, Нахустбашар—Каюмарсро офарид. Ўро ба андозаи чор най баландї буд.  Пањнояш чун болояш буд. Рост бар рўди Даитйа, ки дар миёнаи љањон истад, Каюмарс бар сўи чап ва Гов бар сўи рост меистоданд. Каюмарс дорои чашм, гўш дорои забон ва дахшак буд. Дахшак ин аст, ки мардум аз тухмаи ў зода шуданд. Барои ёрї ба ў хоби осоишбахш офарид. Њурмузд он хобро ба тани марди баланди 15-солаи рўшан фароз офарид, ки 15-солагї синни камолот ва мустаќилияти шахс бошад. Вай Каюмарсу говро аз замин офарид.

Њурмузд аз рўшанї ва сабзии осмон нутфаи мардумон ва говонро фароз офарид, зеро ин ду нутфаро, ки оташтухмаанд, на обтухма, дар Тани Гову Каюмарс бидод, то афзоиш ёфтани мардумон ва гўсфандон аз он бувад. Пас аз 30 соли зиндагї, ваќте ки Ањриман девони худро муќобили Гову Каюмарс равона кард, вай неруи муќовимат надошт ва дар зери фишори девон њалок шуд.  Чун Каюмарсро беморї баромад, бар дасти чап афтод. Аз сар сурб, аз хун арзиз, аз маѓз сим, аз пой оњан, аз устухон рўй (алюминий), аз пия обгуна, аз бозу пўлод, аз љони рафтанї зар падид омад. Чун Каюмарс даргузашт, нутфаи ў ба замин омад. Он тухмаро ба рўшании Хуршед биполуданд ва ду бањри онро Наривсингњ нигоњ дошт ва бањреро Спиндормаз пазируфт. Чињил сол он тухма дар замин буд. Бо гузаштани чињил сол рибостани (чукрї) дусоќа —Маши ва Машиёна аз замин растанд. Миёни њарду дертар равон-рўњ бар омад.
Ашу Зардушт бори дигар таваљљўњ намуд, ки тухмаи одамї аз Осмон аст, оташгуна аст, ба рисолату манзалати баланди инсон эътимоди ќавї њосил кард.
Чун Маши ва Машиёна аз замин баррустанд, нахуст об, пас гиёњ, пас шир, ва сипас гўшт хўрданд. Мардум низ чун маргашон фаро расад, нахуст аз гўшт, пас аз шир, ва сипас аз нон хўрдан биистанд ва танњо то ба мурдан об хўранд.
Пас аз сї рўз дар биёбон ба бузи сапедмўе фароз омаданд ва бо дањон шири пистони онро макиданд. Њангоме ки ширро хўрданд, Машиёна гуфт:
—Оромии ман аз он буд, ки ман шири обгунаро нахўрда будам. Инак, маро ромиш дуздида аз он аст, ки шир хўрдам ва ба танам серї омад.
Аз ин дурўѓгўии дуюм низ девонро зўр бештар  гардид. Онњо маззаи хуришро аз эшон бидуздиданд, ки аз сад бањр танњо як бањр монд.
Пас аз сї шабонарўзи дигар ба гўсфанди тираранги сапедпўза дучор шуданд. Ўро тика карданд ва аз дарахти кукнор ва шамшод бо роњбарии фариштагон оташ афганданд. Бо дањон оташ афрўхтанд ва нахуст њезуми дарахти куњанљ, зайтун, ва низ дарахти кукнор ва шохаи хурмо сўзонданд ва аз он гўсфандро кабоб карданд ва ба андозаи се мушт гўшт дар оташ бињиштанд, ва гуфтанд:
—Ин аз они оташ.
Ва аз он порае ба осмон афганданд ва гуфтанд:
—Ин аз они эзадон.
Каргас фароз рафт, вале онро гирифта натавонист. Саге онро бибурд. Нахустин гўштро саг хўрд. Ва нахустин хайвони ромкардаи инсон саг аст.
Ашу Зардушт ба њайрат омад, ки сухани шукри эзид дар дили мардумї аз ваќти зода шудан љой гирифтааст. Вале бањудаву бењуда дурўѓ гуфтан бунёди дин ва њастиро суст кунад ва фуруњарро заиф гардонад. Як ќадами нољо, як калавиш, як хато боиси бадбахтињои бузурги фаљеъ гардад. Ва барои мардумї ин њанўз оѓози мусибатњо буд.
Маши ва Машиёна нахустин љомаи пўстин пўшиданд. Сипас аз мўй нах ришта, љома бофта пўшиданд. Дар замин оташдоне канданд, оњанро дар он гудохтанд. Бо санг оњанро зада аз он теѓе бисохтанд. Бо он дарахт буриданд ва косаи чўбин сохтанд. Аз он носипосї, ки карданд, девон ќавитар гардиданд. Бо васвасаи Ањриман Маши ва Машиёна худ ба худ аз якдигар рашк карда, ба њамдигар дарафтоданд, њамдигарро заданд ва мўй канданд.
Девон аз торикии дўзах бонг бароварданд:
—Мардум њастед, девро парастед, ки шуморо рашк биншинад.
Маши андешид, ки ин корро кардан нашояд. Вале Машиёна, ки ќарор аз даст дода буд ва шояд зудтар оштї шудан мехост,  фароз рафт, шири гов дўшид, ба љониби шимол рехт. Дар шимол дужангња—дўзах ва куноми девон љой гирифтааст. Аз ин амали девпарастии Машиёна девон неруманд шуданд ва ононро чандон сусту каммадор карданд, ки то панљоњ сол комаи њамохезї надоштанд. Бо ба сар расидани панљоњ сол дар сари онњо андешаи фарзандхоњї падид омад. Пас эшон аз њам кома бурданд. Пас аз нўњ моњ аз онњо љуфте зан ва мард зода шуд. Вале аз ширинии фарзанд якеро модар љавид, дигареро падар. Њурмузд ширинии фарзандро аз Андешаи оварандагон берун кард ва ба њамон андоза мењри парвариши фарзандонро ба онњо бахшид.
Шаш љуфт нару мода аз онњо падид омад. Бародар хоњарро ба занї њамегирифт. Онњо бо Маши ва Машиёна њафт љуфт шуданд. Аз он шаш љуфт яке Сиёмак ном мард ва зан Вашог буд. Аз эшон љуфте зода шуд, ки мард Фаравок ва зан Фаравоки ном буд. Аз Фаравок ва Фаравоки 15 љуфт зода шуд, нўњ љуфташон бар пушти гови Сарисваг аз болои дарёи Фарохкард ба шаш кишвари дигар гузаштанд ва дар он љо нишастанд.
Шаш љуфт дар Хванирас монданд. Аз он шаш љуфт љуфти Тоз ва Тозак буданд, ки дар баъзе устурањо Тољ  ва Тољак ном бурдаанд. Онон ба дашти Тозиён рафтанд.  Эрониён аз љуфти мард Њушанг ва зан Гузак падид омадаанд. Њамаи онон, ки дар кишварњои Эрон ва анирон—ѓайриэронанд, њама аз пайванди Фаравок, фарзанди Маши ва Машиёна њастанд.
—Пас, њама мардумон аз як падару модаранд ва њамаро Ањурамаздо офаридааст…
Вале Ањриман чї нисбате дорад ба офариниши мардумон?

Ва амалњои дигари девондев Анграмаинйу бо инсон ба ёди Ашу Зардушт омад:
Нахуст  Њушанг,  нахустин шоњи Ориёї пеш омад.
Ўро писари Фаравок, писари Сиёмак, писари Маши, писари Каюмарс гуфтаанд, ки эрониён аз пушти Њушанг мебошанд. Њаушйангња сифати касест, ки хонањои хуб фароњам менамояд. Њушанг аз марги падараш, ки девњо кушта буданд, ќасос гирифт. Оњан аз санг истихрољ  кард, оташро ихтироъ карда, бо он девњоро ронд, рўзи кашфи оташ љашни Садаро асос гузошт, ба мардум пўшок дўхтан омўхт. Фуруњар ба ў низ будааст. Дорои унвони Паразот—нахустин танзимкунандаи ќонун будааст.
Пас аз Њушанг  Тањмурас,—Тахма Урупу, ба маънии далер, нотарс—писари Вивангњон, писари Якхад, писари Њушанг шоњи љањон шуд. Вай ба њамаи девњо, љодуњо ва парињо дастболо гардид, Ањриманро ба пайкари аспе дароварда, дар муддати сї сол вайро ба каронањои замин њамеронд. Ба дасти худ њазору чорсаду њаштод дев кушт.
Хизмати бузурги Тањмурас ихтирои хат аст. Ў деви девонро маљбур кард, ки ба ў њафт хел хатро нишон дињад. Ба гуфтаи дигар девон дев ба ў 30 навъи хатњои порсиву румиву чиниву њиндиву пањлавиро омўзондааст.
—Пас, —ба худ андешид, Аша Зардушт,—девондев Ањриман ба мардумон хатро омўхт? Вале хат ганљинаи донишњои осмонист. Ва бо ин манзалаи зишт, ки вижаи ўст,  Ањриман ќодир набошад омўзгори чунин мўъљиза бошад ва њаргиз некї бар мардумон накунад, чї љои он, ки хатро омўзонад. Пас ин аз хираду дониши худи Њушанг аст, ки бо ёрии Ањура Маздо ихтироъ кардааст.

14. АЊРИМАН ВА ТАЊМУРАС

Аша Зардушт дар ин хусус нек андешид ва ба худ гуфт:
—Њоло бубинем, ки ин сулњу дўстии Ањриман бо чї анљом ёфт.
Тањмурас Ањриманро 30 сол дар банд нигоњ дошт. Болои ў зин нињода, пушти ў савор шуда, њар рўз се бор гирди гетї мегашт ва бар сараш гурзи пўлодин мекўфт ва бо ў дарё, кўњ, фарозу нишебии Њарбурзро (Албурс) мепаймуд. Ваќте ки аз гардиш бармегашт, вайро дар банд менамуда, ки  љуз гурзи гарон ошомиданї ва хўрданї надошт.
Зани Тањмурас воќеаи аспи беобу хўрокро аз шавњараш пурсид. Тањмурас дар посух гуфт:
—Ман низ дар кори Ањриман дар тааљљуб будам. Рози кори вай љўё шудам. Вай ба ман чунин гуфт, ки хўроки ман аз гуноњи мардум аст. Њар он рўзе, ки аз мардумон бештар гуноњ сар занад, ман бештар хўриш ёфта, шоду хуррам мешавам.
Ањриман солњо дар банд буд ва барои рањоии худ чора мељуст. Вай ба зани Тањмурас ваъда дод, ки ангубин, абрешим ва дигар тўњфањое медињад, ки дар љањон њанўз касе надидаст. Вале шарте гузошт:
—Аз шавњарат бипурс: њангоми тохтутоз дар фарозу нишеби Албурз дар куљо аз суръати сайри ман ўро њарос фаро мегирад?
Зани Тањмурас дар асоси фармудаи Ањриман њодисаро аз шавњараш пурсид.
Тањмурас дар љавоб гуфт:
—Њангоме ки ў аз Албурз ба суръати тез сар сўи нишеб менињад, маро бим фаро мегирад ва гурзи гарон бар сараш мезанам, то аз тарси љон халос шавам.
Чизе, ки аз шавњараш шунида буд, зан ба Ањриман гуфт ва асалу абрешимро гирифт.
Рўзи дигар, мувофиќи одат дар бомдод Тањмурас ба пушти Ањримани асппайкар баромада, гирдогирди гетї њамедавид, то бар фарози Албурз баромад ва аз он љой рў ба нишебї нињод. Он гоњ Ањриман саркашї ва хирагї кард. Тањмурас њарчанд гурз мезад, хурўш мебаровард, суде набахшид, Ањриман ўро аз зин ба замин афганда, дам даркашид ва вайро фурў бурда, рў ба гурез нињод. Он гоњ Сурўш шоњ Љамшедро аз марги Тањмурас огоњ кард ва ба ў тадбире омўхт, ки љисми Тањмурасро аз шиками Ањриман берун тавонад кашид.Љамшед чунин кард ва лошаи Тањмурасро аз шиками Ањриман берун оварда ба хок супурд. Њаштсад сол умри ў буд, 30 сол подшоњї кард ва дар Балх мадфун гашт.

Чунин аст дўстии Ањримани бадкеш ва мардумон. Гуфтору кирдори зишти бархе аз мардумон ба ёди Зардушт омаду љараёни андешааш рањи дигар гирифт:
—Магар бадї офаридаи девон аст?

15. КАМОЛАДЕВОН

Боз ва боз ин савол даври сараш гаштан гирифт:
—Чаро девонро бояд парастиш ва ниёиш кард? Одамон, ки худ офаридаи Ањура Маздо њастанд, идомабахши њаёти наслњои наванд, ихтироъњо мекунанд, бо неруи хиради хеш табиатро дигаргун мекунанд, вале худо хонда намешаванд… Девон, ки эзад хонда мешаванд, чиро офаридаанд? Магар ки бадї… Вале магар офарандаи бадї сазовори подошу шукргузорист? Ба ниёишу ситоиш намудан, саљда овардан ба девони табоњкунандаи њоли мардумон чї заруратест?
Пеши назари Аша  Зардушт гурўњи вижаи камоладевон—Акамана, Индра, Саврва, Нонгњаитйа, Тармаити, Таурви, Заирич бо кибру ѓурур ва дашному носазогўии доимиашон падид омаданд, ки мардуми он замон эшонро худо хонда парастиш мекарданд ва назру ниёз меоварданд.
Ана, деви мудом норозию хафа—Акамана, ё Акуман —Андешаи бад  омад, Вай аз камоладевони Ањриман аст, њаместор (раќиби) Амшоспанд Бањман ба шумор меояд. Вай бадандешиву нооштї ба офаридагон медињад. Мудом аз чизе норозист, мудом касеро бад мекунад, носазо мегўяд.
Ањриман Акуманро девосо навозиш кард,  аз боди зеринаш оташе бар сару рўи вай дамид, ба сўи одамон рањнамун кард ва гуфт:
—Ту менутарї, зеро ки мањрамтарини девон њастї, бигардон Андешаи мардумонро ба сўи мо, ки девем.
Акумана чї бадї расонд? …Андешаи мардумонро бад кард… 
Камоладеви дигаре пеш омад аз аввала дањшатноктар— Андра, ё Индраи нињоят пурќувват, бисёр шаробхора, тамоми корњои худро ба василаи тањдиду зўрї анљом медињад. Дашном ва тањдид, зўроварї ва дашном…
—Ин дев аз одами оддии шаробхораи сар пур аз боди ѓурур чї фарќе дорад?—пурсид аз дев Аша Зардушт.
Саврва (Савул) –камоладеви њарзаю бекорї, њаместори Амшоспанд Шањривар чун зани фартути савдої пеш омад. Ѓайбат, тўњмат, арзу шикоят аз њама чиз ва аз њама кас бикард.
Аша Зардушт ба њоли ў хандида гуфт:
—Магар ба ин сурат одамон каманд? Вале бо ин њама ту дар бечоранолї, гадоманишї ва ѓайбату тўњматњо ба Дулакаета баробар наої.
Нонгњаитйа, Ногњис—камоладеви нохушнудиву хирасариву бартанї ва ѓурур, Њаместори Амшоспандбону Спандармад омад ва барои љой ёфтан бо девони пешомада талош кард.
—Ту бо Братрокрештур баробар нашавї.
Сипас Тармаити—Таромад—деви кўчаксозандаи андеша, бадкирдор омад ва барои љой талошњо карда шўре бардошт:
—Чаро ба ман љой нест?   
Деви дигар бо дањони хушкидааш омад. Вай Таурви—деви ташнагист. Ў њоло ба кулба нарасида, Заирич , ё  Зариз—деви гуруснагии зардранг, ё сабзранг аз ў пеш гузашта омад. Вай њаместори Амшоспандбону Амурдод аст.
—О-о-об, нно-о-он, —бо нолиш ба зорї шурўъ карданд Таурви ва Заирич. 
Њама камоладевон дар њар гўша дуртар аз оташ љой ёфта, ором шуданд. Сипас маслињат карда, њамроњ гирди Зардуштро печонида, зери лаб чанд сухани нињонии воњимаборро замзама карда бар ў дамиданд.
Аммо Ашу Зардушт ба ин камоладевони пуртанаффури сар пур аз боди ѓурур бо табассум назар кард, бар њолашон хандид. Шукронаи офаридгорро карда, бо мантра—ниёиш онњоро дур ронд:
—Эй Ањура Маздо! Эй спандтарин мену! Эй додори љањони астуманд! Эй ашаван!
Чи гуна хонаро, оташро, обро, сутуронро, гиёњонро, ашаван мардро ашаван занро, ситорагонро, Моњро, хуршедро, равшании бепоёнро ва њамаи офаридагони неки Маздо—зодагони Спандменуро пок кунам?
—Ман Хашмро дур меронам
Ман Насуро дур меронам
Ман Олоиши ошкороро дур меронам
Ман олоиши нињонро дур меронам
Ман Хруро дур меронам
Ман Хруѓайниро дур меронам
Ман Буидиро дур меронам
Ман Кундиро дур меронам
Ман Кундизаро дур меронам
Ман Бушаспи зардро дур меронам
Ман Бушаспи дароздастро дур меронам
Ман Муидиро дур меронам
Ман Кабастаро дур меронам
Ман он париро, ки бар оташу хоку сутуру гиёњ фуруд ояд, дур меронам
Эй Ањримани табањкор!
Ман туро аз оташу хоку сутуру гиёњу ашван мард ва ашаван зан, аз ситорагон ва Моњу Хуршеду фурўѓи беоѓоз ва аз њамаи офаридагони неки Маздо –зодагони Спандмену дур меронам.

Дар назари Аша Зардушт чунин намуд, ки девон безобита шуданд. Яке афтод, думи дувумї дар оташ сўхт ва љонњавла худро ба ќафои санг партофт, дигарон нороњат шуданд, вале истодагарї карданд ва аз нав муттањид шуда, дар баробари ў истоданд ва беовоз вожањои љодувона хонда бар ў дамидан гирифтанд.
Банохост Ашу Зардушт хунукї ва гуруснагиву ташнагии шадид эњсос карда хаста шуд. Дар тааљљуб офтод, чун бо чашми хирад бар девон нигарист, дарёфт, ки онон боз неру гирифта, ба ў зањрханда карданд.
Ашу Зардушт зуд ба ёд овард, ки шаб ќариб сањар шудааст, вале бо омўзиш машѓул шуда, аз субњи дирўз инљониб чизе нахўрдааст. Оташ њам кам шуда, аз дањони кушодаи ѓор шамоли намноки кўњї вазида, даруни ѓорро сард гардонидааст ва ин гуруснагиву сардиву бењолї на аз фусуни девон, балки гуруснагиву сардии табиист, ки бегумон бар сари њар фард пас аз фосилае чира шавад.
Кори ниёгони девбандро аз ривоятњо ба ёд оварда, табассум кард, ба оташ њезум гузошт ва шўъларо равшан кард. Дар чумчаи мисин об љўшид. Ќадре гиёњи давоии кўњї гузошта чой кард, пораи ноне дошт, онро баргирифту рўи санги байни ѓор гузошт ва хаёлан мурољиат кард ба камоладевон:
—Бифармоед.
Вале ба ёд овард, ки девон аз гуноњи одамон сер мешаванд ва рўзии онњо гуноњњои мардумон аст. Бинобар ин, дар назари Зардушт чунин намуд, ки девњо худро ба чор тараф зада, нолиш карданд. Сипас онњо зорї намуданд:
—Рўи нонро накушо, бўи нон моро мекушад…
Зардушт ба њоли онњо тамасхур карду чою нонро бо анљири кўњї хўрд.
Девњо нола карданд.
Гуруснагиву ташнагии Зардушт бартараф шуд, ба танаш гармї давид. Табъаш хуш шуд. Чун баргашта ба девон нигарист, касеро надид. Дар назараш охирин камоладев намуд, ки бо доду фиѓон макони ўро тарк мекард. 
Ашу Зардушт бо ќаноатмандии тамом номи камоладевонро аз фењристи офаридањои Ањриман баровард. Ва навишт: «Девон эзадони пиндориянд, неруњои пиндории зараррасони мардумонанд. Девон ноаён зиёд мешаванд. Камоладевонро бояд инкор кард ва накўњиш намуд ва бо Маниши нек, ва бо гуфтори нек ва бо кирдори нек аз Андешаи худ мебояд ронд.»
Дар девори сангини ѓор чанд сояи хираи девони дигар падид омаданд. Сояи чї буд он?— Девбачањо. Бале, боз садњо деви хурди дигар дар тасаввури халќ њастанд, ки тарсу вањми онњо дар дили мардумон камтар аз камоладевон нест…Кистанд он девон? Чи сурате доранд ва чї ќудрате?


Тањќиќи як масъала тамом шуда, пажўњиши дигаре оѓоз мегашт. Ва бо њамин гузаштани ваќтро намефањмид.
Субњ дамид ва Ашу Зардушт ба сањни кулба баромада, аз тамошои дараи гулпўш роњати азиме эњсос кард ва девон фаромўш шуданд. Аммо каси аз пайроња омадаистода ўро хотирпарешон кард. Писари амуяш Маидйумоњ меомад. Албатта, хабаре дорад. Аз падар андешаманд шуд. Охир синнаш ба љое расида, солњои охир зиёд бетоб мешавад.
Бародарон оѓўш кушоданд.
Гумонаш рост баромад. Маидйумоњ илова кард, ки зављаи писарамакаш низ нотоб шудааст. Аммо як хабари хуш низ њаст:
—Ба наздикї соњиби бонуи зебое мешавам. Барои маслињат туро мебарам.
—Кї будааст он бонуи хушбахт?
—Шом огоњ хоњї шуд.
—Аќаллан номаш.
—Аз забонам рашк кунам, ки номашро бигирад.
—Аз деви рашк эњтиёт шав, намон, ки девон бар ту чира шаванд.
Њарду хандиданд. Њоло љавон буданд ва дар сар хаёлњои волое доштанд. Чи аљибу зебост зиндагї бо хушињои заминиаш, умед кардану ноумед шуданњояш, бо ишќу армонаш.
Дар роњ Ашу Зардушт аз пажўњишњои худ ба Маидйумоњ њикоят кард.
Хуни љавонмард ба љўш омад ва дар ситез шуда гуфт:
—Бо ёрии ту њама девонро мањв хоњем кард! Агар девони дупо ба мисли Братрокрештур халал нарасонанд.
Дар ин гуфтањо низ њаќиќате буд…


16. АРЉОСП ГУНАЊГОР МЕЉЎЯД

Ваќте ба Арљосп хабар расониданд, ки падару писар дар Бохтар ба њам раќиб шудаанд ва мавриди хуби љанг гузаштааст, ў дер гоњ ба худ наомад. Таънањои бародараш Андаремон бошад, чун корд бар љигари ў мехалид. Нахустин фикре, ки ба сар меояд, љустани гунањгор аст.
—Кї ба ин гунањгор? Кї пеши њуљумро гирифт? Худам… Вале бо маслињати кї? Бале, мубад… Вале мубад чи коре карда метавонад? Охир ў андешаи эзадонро бархонд… Вале агар дуруст нахонда бошад? Агар сањв карда бошад?  Ё барќасд, махсус, барѓалат хонда бошад? 
 Аз њамон рўзи расидани номаи Лўњросп дар дили Арљосп кинае нисбат ба бародараш Андаремон падид омад, аслан муњаббати бародарї аз байн рафт. Зеро ки вааќти баргаштан ба Кохи Њанкан Андаремон ба бобояш Афросиёб таќлидкунон такрор мекард: «Йити, йити, йита…»
Арљосп дар андешаи дигар афтод. Ба ў ѓурури бародар писанд нашуд. На ба он хотир, ки ў пешнињоди Арљоспро бо тундї пазируфт, на ба он хотир, ки дар сар наќшаи нобуд кардани Лўњроспро дорад, аз он ки ѓуруру худхоњии ў ба њадде расида, ки тавонад талаби… тахт кунад. Бале, дар баробари ёфт шудани боќимондањои Кохи куњан Андаремон ба олами шоњони бузурги гузашта ѓарќа гашта, њар лањза худро шоњи љањон эњсос мекард.
Пас аз шунидани низоъњои Кайлўњросп ва аз даст рафтани мавриди ќулай Андаремон рўирост бародарро гунањгор кардан гирифт. Шояд ў дар дил фаќат нияте дошт, ки хатои бародарро фањмонад.
—Ниёи мо Афросиёб њаргиз ба чунин хато роњ намедод.
Вале ба назари Арљосп чунин намуд, ки бародар гўё рўирост ба њуљум гузаштааст ва суханњои гуфтаи бародар дар њуши ў дар шаклу мазмуни дигар садо доданд:
—Агар аз ўњдааш барої, чун Афросиёб шоњї бикун, вагарна, дур бишав аз тахт, то ман чу Афросиёб њукрони љањон шавам.
Ва чанд муддат танњо аз пайи он шуд, ки ё ин хаёли хомро аз сари бародар дур кунад, ё сари хомхаёлро аз китфи ў. Мувофиќи баъзе ривоятњо, бо «мадади» Арљосп Кохи Њанкан банохост таркида фурў рафт ва бародараш Андаремон зери хоку санг монда њамроњи сутунњои ин Кохи нодир абадї нопадид шудаанд. Ва дигнар касе онро пайдо карда натавонист.
Вале ровии дигар бар он аст, ки дар шикоре њамсафарон ба иштибоњ захми кирої бар тани бародар заданд ва пас аз ин мувофиќи ќойида Андарэмон њуќуќ надошт, ки шоњ шавад. Зеро ки шахси ноќис наметавонад одилона њукм ронад. Бо вуљуди ин, Андаремон барои тахт талошњои нињонї мекард, чун яке аз пањлавонони мулк дар љангњо бар душман чира мешуд ва рўз то рўз нуфузу эътибори ў зиёд мегардид. Вале роњ ба тахт абадї баста буд: шахси рўяш доѓдор ба шоњ шудан њуќуќ надошт.
Арљосп љосусони худро фиристод, ки вазъи дарбори Лўњроспро ба пуррагї биёмўзанд. Ў гумон дошт, ки њоли Лўњросп хароб аст ва мавриди бењтарини зарба фаро расидааст.
Барои љосусон расидан ба Бохдї мушкилие надошт. Онњо дар симои бозаргонњо аз рўд гузаштанд, байни мардумон гашта, њолати мулкро омўхтаанд ва нома фиристода, дурустии аќидаи Арљоспро тасдиќ карданд.
Аммо ба зудї зарба задан ба Арљосп муяссар нашуд. Зеро ки байни бародарон барои тахт талош сар шуд ва то Арљосп бо хираду бо зориву зўриву зар дили онњоро ба даст овард, ки муддати мадиде паси сар шуд ва дар ин байн њама кишварњои ориёї ором ёфтанд. 

17. «ЃАМ БИРАВ, ШОДЇ БИЁ…»

Ваќте ки Зардушт ва Маидйумоњ ба хона расиданд, осори омодагї ба маъракаи муњимеро диданд. Бомйа, хоњари зављаи Аша Зардушт язнаашро дида, пешорўяш давид, аммо Маидйумоњро дида, дасту по хўрд ва лањзае истод, дар андеша зад, ки ба истиќболаш равад, ё на.
Љавон худро гунањгор њис карда гуфт:
—Хуб, хуб, ман гунањгорам. Рўзи тўй меоям. Он гоњ аз чанги ман халосї нахоњї ёфт.
—Ана гап дар куљо, —шодона нидо кард Зардушт.—Арўс аз хонаи мо будаасту ман бехабар. Мувофиќи таомул аз рўзи хостгорї то гузаштани тўй арўс аз домод ва хешони домод рўй пинњон мекунад…
Бо омадани Аша Зардушт њама беморон зуд шифо ёфтанд. Вале ранги зављааш дигаргуна буд. Њарчанд ў њам ќуввати тозае дар худ эњсос мекард, ранги паридаи рўяш аз бемории шадиде дарак медод. Бо вуљуди ин, зани порсои ориёї худро тамоман фаромўш карда, дар ѓами тўйи хоњараш такопўй дошт: махсусан, барои муайян кардани рўзи тўй сахт истод.
Зављааш гуфт: 
—Дар њайрати онам, ки кадом рўзро барои мањфили арўсии духтарамон баргузинем:  љониби шањ мехоњад рўзи озар тўй кунем. Рўзи Дай ба Озар хуб аст, ки гуфтаанд  «сар шўй ва мўю нохун ороста бикун»,  аммо дар ин рўз гуфтаанд, ки «нон мапаз, чун гуноњи гарон бувад».  Бо эшон маслињат кунем, ки тўйро ба њафтаи дигар бозмонанд…
Пас аз он омўзишњои љиддї Аша Зардушт ба гапњои чун тарона дарозу гуворои зављааш гўш дода, дар њайрат монд, ки онњоро љиддї ќабул кунад, ё ба њоли занаш бихандад. Вале љиддияти ўро дида, нахост нороњат кунад.
—Кї ин суханњои пурарзишро ба ту гуфтааст?
—Мубадёр Братрокрештур.
—Ин њама афсона аст,  ба хурофот бовар макун. Њама рўзњои худо хуб аст.
—Бале, аммо намехоњам рўзи бахти хоњарам хатое кунем… Ман аз ѓазаби худо метарсам.
Ситорашиносону солшуморони Ориёнои бостон дар бораи табиат дониши мукаммале доштанд. Сол аз 12 моњ ва њар моњ  аз сї рўз иборат буда, шаш рўзи боќимондаро дар охири сол зам мекарданд. Дар гоњшумории Эрони бостон хар яке аз рўзњо номи махсус доштанд ва номњои дувоздањ моњи сол низ дар номи рўзњо такрор мешуданд. Чун номи рўз ва моњ мутобиќат кунад, он гоњ он рўз њамчун рўзи вижаи моњ љашн гирифта мешуд. Вале дар асоси кадом як таълимоти хурофотї ва гапи мардум мубадон њама рўзњоро ба хубу бад таќсим карда буданд, ки чунин шакл доштанд:
1. Рўзи Њурмузд май хуру хуррам бош,
2. Рўзи Бањман пўшоку љомаи нав пўш.
3. Рўзи Урдубињишт ба оташкадањо рав.
4. Рўзи Шањривар шод бош (ва филиззро нигањдорї кун).
5. Рўзи Спандармад замин варз (кишт) кун.
6. Рўзи Хурдод љўй кан (ва обро нигањдорї кун).
7. Рўзи Мурдод долу дарахт бинишон.
8. Рўзи Дай ба Озар сар шўй ва мўю нохун ороста кун.
9. Рўзи Озар ба роњ (сафар) шав (то дуруст боз ойї). Ва нон мапаз, чун гуноњи гарон бувад.
10. Рўзи Обон обро нигањдорї кун ва обро маозор.
11. Рўзи Ховар кўдак ба дабиристон дењ, то дабиру фарзона шавад.
12. Рўзи Моњ май хўру бо дўстон осоиш кун ва аз моњи худо ниёз хоњ.
13. Рўзи Тир кўдакро ба тир андохтан ва набарду саворї омўхтан фирист.
14. Рўзи Гуш парвариши Гушуруг кун ва гўшт махўр ва говро ба варз <кардан> омўз.
15. Рўзи Дай ба Мењр сар шўй ва мўю нохун ороста кун, ангур аз разон ба чархуш боз афкан, то бењ гардад.
16. Рўзи Мењр агар аз касе мустамандї ба ту расидааст, пеши эзади Мењр доварї хоњ ва гила кун.
17. Рўзи Суруш барои наљоти равони хеш аз Суруши росткирдор ниёз хоњ.
18. Рўзи Рашн рўзгор сабук аст, њар кор, ки хоњї кардан дар некўї, кун.
19. Рўзи Фарвардин савганд махўр ва он рўз ситоиши фравањри парњезкорон кун, то хушнудтар буванд.
20. Рўзи Бањром хонумон бунёд гузор, то зуд ба фарљом расад ва ба разму корзор шав, то ба пирўзї боз ойї.
21. Рўзи Ром зан бихоњ ва кору хуррамї  кун ва пеши доварон рав, то ба пирўзї ва наљот боз ойї.
22. Рўзи Бод сабр кун ва кори нав мапайванд.
23. Рўзи Дай ба дин њар коре хоњї кардан, бикун ва зан ба хона овар, мўй ва нохун биорой ва љомаи (нав) пўш.
25. Рўзи Дин храфстар (њашарот) куш.
24. Рўзи Ард њар чизи нав бихар ва ба хона бар.
26. Рўзи Аштод асп, гов, сутур барои љуфтгирї рањо кун, то ба дурустї боз ояд.
27. Рўзи Осмон ба роњи дур рав, то ки ба дурустї (боз) ойї.
28. Рўзи Замёд дору махўр.
29. Рўзи Мањраспанд љома сўзанкорї кун ва бидўзу бипўш; зан гир, то ки фарзанди тезњуши некў зояд.
30. Рўзи Анерон мўй ва нохун ороста кун, зан ба занї гир, то ки фарзанди номвар зояд.
Чунин сифати рўзњо чандин њазор сол боќї монд ва имрўз њам баъзе љињатњои рўзро мардумон ба назар мегиранд. Њар як амал, њатто нохунгирї рўзи муайян ва тартиби муайян дошт.
Зардушт бо табассум назора кард, ки чи тавр зављааш рўз ва соати муайяншударо риоя мекард, илова бар он, њангоми нохунгирї дуо мехонд:
—Ѓам бирав, шодї биё.
Мењнат бирав, рўзї биё.
Торикї рав, рўшної биё…
Сипас бо эњтиёти тамом нохунро зери суфт—пошнаи дари хона гузошт. Њамчунон мўйсару дандонро пинњонкорона, бе он ки осмон бинад, дар сўрохињо ва шикофињои девор гузошт.
—Аз кї эњтиёт мекунї? —бо ханда пурсид Зардушт.
—Аз девон. Агар осмон бубинад, девон ба онњо соњиб шуда, неру мегиранд.
—Нохуни ту он ќадар неруманд аст, ки бар девон неру дињад?
—Њар чизи аз тан људошуда мурдор аст ва бар тасарруфи девон медарояд. Он гоњ девон дар замин пайдо мешаванд. Он гоњ дар замин храфастрањо, шапушон пайдо мешаванд ва онњо, ки љомањоро мељаванд, пайдо мешаванд.
—Инро њам Братрокрештур гуфт?
—На, мубадёри доно Дувлакаета.
—Яке доно ўст, яке ин.
Зављааш бидуни ањамияте, чун њарфњои њаррўзааш гуфт:
—Одамї «љањони кўчак» аст: њар унсури вуљуди ў аз унсури њаммонанди он дар табиат омадааст, пас аз марг њангоми растохез устухонњои вай аз хок, хуни вай аз об, мўи вай аз гиёњон, љони вай аз оташ ба ў бозмегардад.
Сипас ў гудол канда шиёр кашид ва бож хондан гирифт:
—Ба ростї ў паноњгоњи неки мост ва пойдориву тўшу тавон –ду дињиши арљманди Маниши некро ба мо арзонї медорад.   
Дар дили Аша Зардушт аз мантиќи суханњои зављааш роњатаке падид омад, дар њайрат афтод, ки ин суханњои то андозае бикр дар сари зављааш аз куљо пайдо шудааст. Ба худ гуфт, ки кош њама чунин чизи оддиро дарк мекарданд, вале ба ў чизе нагуфт. Зеро ки зављааш дар баробари кандани гудол ва шиёр ва гузоштани нохунњо ба хондани дуои дур ронандаи девњо оѓоз кард.
Ин як назарияи куњани орёнї аст, ки нишонањои он то ба имрўз дар Њинд, Юнон ва Скандинавия низ ёфт мешавад. Дар шакли хеле ноаён ва оддитар дар байни тољикони дењотї низ њаст, ки мегўянд: «нохун ба љои ифлос ва ё нам афтад, ѓам меорад».
Вале Аша Зардушт рўзи тўйи хоњари занашро новобаста ба ин рўзњо муайян кард:
—Њама рўзњо хубанд. Мардумон дар сари нафсу талоши неъматњои рўи замин неку бад мешаванд.
Ва мањфили арўсї хубу осуда гузашт.

Аммо мубади рўзшиносу ситорашинос Братрокрештур барои мањфили арўсии худ пас аз њисобу њасаби зиёд рўзеро баргузид, ки шамоли регборон хест. Мардум гуфтанд, ки ин сазои бадињои ўст, ки ба худаш бозгашт. Бадї бошад, паси бадї омадан гирифт.
Ваќте ки ба Братрокрештур аз бемории говон хабар доданд, ба ќањр омад. Говбон гуфт, ки сабабаш номаълум аст, бинобар ин маслињат аст, ки барои эзадон якеро ќурбонї кунад. Дерест, ки корњои ў омад надошт, сарват меомад, вале масраф аз он зиёд мегашт. Лољуварди ба дастомадаро бо нархи баланд савдо кард, аммо рўзи дигар бар асари заминларза ва сели бањорї наќби кон фурў рафт ва тољирон интизори лољуварди бештаре њайрон монда, баргардонидани зарри додаашонро талаб карданд. Братрештур њар рўз бо дўшизаи наве дўш ба дўш шуда, сўњбати тангтанге дошт, аммо ин њам ба дилаш хуррамї намеовард. Падар низ хоњиш кард, ки ќурбонї кунанд. Ў марди диногоњу худотарсе буд. Аз љониби дигар, тољирон дар мењмонии ў буданд. Ва ба хотири мењмонон ва нишон додани саховатмандиаш Братрештур мањфили гарме орост, ду гови беморашро, ки ба зинда монданашон дигар умед надошт, кушонда, якеро хомталош кард, дуюмиро дар дег андохт ва барраеро барои мењмонони рањдурї танўркабоб кард. Њисоби мурѓу кабку бедона гум буд. Дастаи мутрибону овозхонњоро овард, ки то субњ таронањо хонанд.
Дар айни ављи мањфил мењмони асосию бологузари ў Дулакаета амри маъруф кард. Вазифаи ў зикри сифатњои неки Братреш буд. Аммо  ў саховатмандии соњибхонро чунон ситоиш кард, ки мардум тасаввур намуданд, ки бо ин хайру саховат ва ќурбонињои бемислу монанд Братрештур кайњо марди бињиштї шудааст ва аз њоло дар бињишти менуї сайр дорад.
Мувофиќи ќойидаи њамсоядорї ва шањрдорї Зардушт низ дар мањфил њозир буд. Ў ба дил кине надошт. Њарчи дид, аз сарнавишт дид ва кайњо ба таќдир тан дода буд. Аммо аз суханњои ифротии Дулакаета даст аз дастурхон баргирифта, ба андеша фурў рафт. Воизи хушомадгўй бошад, дар охири сухан ба Зардушт рўй оварда, гуфт:
—Ин суханро мубади доно Зардушти Спитмон низ тасдиќ мекунад.
Зардушт ноилољ ва ба эњтироми хонадору мењмонон бо овози на чандон баланд њарф зад, вале њама гўшу њуш шуданд, мусиќї низ хомўш гашта, њунармандон гирди ў наздиктар нишастанд. Аксарият њис мекарданд, ки хушомади Дулакаета аз њад гузашт. Аммо ку шахсе, ки бо дониш ва далели равшан инро инкор кунад? Чунин кас танњо Зардушти љавони диногох ва беѓараз буда метавонист.
Ва мардум шуниданд аз Зардушти Спитмон он чї шунидан мехостанд.
—Ќурбонї барои Худованд ќабул аст, ваќте ки мардумон аз тањи дил барои шукри изадон аз њисоби дањяки моли бо зањмат ба дастовардаашон чунин кунанд. Аммо ќурбонї кафолати бињишт натавонад шуд. Зеро ки барои изадон аввалтар аз њама рафтору кирдори мардумон муњим аст. Ривояте њаст: девони Ањриман дар пайи макру фиреби Ањура Маздо ганљњои зери заминро бе душворї бардоштанд ва чањорпоёни зиёди мардумонро ѓорат карда, бо ѓурури зиёд ќурбонї кардан хостанд. Вале аз осмон љавобе омад, ки ин њама ќабул нахоњад шуд. Агар тамоми ганљњои љањон нисор кунед, ќабул нахоњад шуд, ки ин њама офаридаи худи Ањура Маздост ва Ањура Маздо ин нозу неъмат барои мардумон офаридааст. Ягона чизе, ки бар Офаридгори њастї неру медињад ва бар дилаш хуш ояд— пиндору гуфтору кирдори нек бошад. Мањз пиндору гуфтору кирдори нек дили офаридгорро шод гардонад мањз пиндору гуфтору кирдори нек бар изадон неру дињад ва њама изадону мардумони нек рўзи набард њамроњ бар Ањриман ѓолиб шаванд.
Дулакаета ноилољ монд. Хост дарњол эътироз бикунад, аммо азбаски шароби зиёде даркашида буд, ягон сухани њакимонае ба ёдаш наомада, жожхої кардан гирифт. Зардушт дигар ба ў ањамияте надод. Братрештур низ аз рўи хотири мењмондорї ишора бар мутрибон кард. Ва овозхонњо таронаи пурављеро оѓоз карданд. Дар лањзае ин бањс фаромўш шуду њама ба китфу миёнљунбонї даромаданд, дўшизагон раќсиданд ва мардони то њол нољунбон љавонмардиву неруи худро нишон додан хоста, ба майдони раќс баромаданд. Баъзе аз ин сухан чизе дарк накарданд, вале њатто бисёр касоне, ки аз асли маќсади Зардушт огоњ шуданд, низ њамин дами наќдро ѓанимат дониста, бињишти воќеї номида, шиками худро аз гўшту нон ва шароби арзони Братрештур пур кардан гирифтанд. Њикмату хирад ба роњи худ, майишату хурсандї ба роњи худ. Дигарашро худи худо донад.

Пас аз тўй Аша Зардушт баргашт ба сари пажўњишњои худ.
Минбаъд ба љои Ањриман девони хатарноки дигаре њамеша ба инсон тањдид карда, аз љињати замонї муддате вайро асир ва ё њамнавои худ мегардонанд. Гање ин манзаларо одамони девсор иљро мекарданд.
Ашу Зардушт лавњаи ѓализеро  аз њаёти ќавми Урвайтодинг ба ёд овард:
Ќавм савораву пиёда дар биёбон меравад. Гўё њама хастаанд, њамин њоло аз њаракат мемонанд. Вале чї мўъљизае: аз дур воњаи сабзе ва дењкадае бо чањорпоён намудор шуд.
Он љо мањфили арўсї оростаанд. Сарвари ќавм ба духтари худ фотења дода, бахти сафед талабид. Сипоњиён гўё љони нав гирифта, чусту чолокона дар биёбон асп давонданд. Дар идомаи мањфил арўс њамроњи чанд љавону духтар ба роњ баромад.
Роњзанњо ба дењкада њуљум карданд. Чорворо рабуданд. Чанд љавону дўшизаро ѓулом гирифтанд. Арўс ба сарвари роњзанњо писанд омад ва ёварон дўшизаи бењушу ёд ва аз гардиши рўзгор дилшикастаро ба аспи сардор шинонда, роњи арўсии онро бо  шукўњу шањомати хоса идома доданд. Фарќ дар он буд, ки аз хонаи як домод ба хонаи домоди дигар равона шуд. Барои вай шояд дигар фарќе надошт. Аммо садњо дил аз ин шикаст ёфт, чандин арўсу домод аз зиндагї ноумед шуданд.
Зардушт аз худ мепурсад:
—Чаро бадї баробари некї њукмрон аст? Ин њол натиљаи амали эзадњои бад—девон аст, ё кори малаку фалак, ё чизи дигар? Чаро марзе миёни кори неку бад нест? Байни мардумон чунин беадолатї аз чист? Чаро бархе зердаст мешаванду бархе забардаст? Чаро фурўтане соњиби пиндори нек асту абармарде бефурўѓ ва љоњил? Ва чаро абармардони љањон аксаран бо пиндори бади худ барои табоњ кардани њоли љањон мекўшанд?
Чаро? Чаро? Чаро? Ва боз садњо «Чаро?»-њои дигар...

18. ФОЛИ НАВИ АРЉОСП

Маъбади Мењр дар ќаламрави Арљосп.
Дар  ин љо барои ќурбонї ва маросими фолпурсї омодагї мегиранд. Бо фармони шоњ ќурбониро дањ рўз пеш оѓоз мекунанд.
Сармубад барраи сафедро барои ќурбонї интихоб карда, ба заргар дод. Заргар сумњои онро зарњалї кард ва барраро ба маъбади Мењр—изади хуршед, рўшної ва њукми одилона доданд. Дањ рўз баррачаро дар назди маъбад нигоњ медоранд. Њар субњи барваќт мубад дар тан либоси сафед меояд, ба барра шири навдўшида медињад. Сипас аз халтачаи бо зар кашидадўзї кардааш шонаи калони аз устухони фил  сохташударо бароварда, мўйњои љингилаи барраро шона мекунад.
Рўзи ќурбонї наздик мерасад. Ба вай њама, аз он љумла, шоњ низ тайёрї мебинад. Арљосп дар тахти шоњї нишаста ба дабир арзу дархости худро мегўяд, то бинависад ва аз  худованди бузург Мењр ба он љавоб пурсад. Ин лањза њатто сармубадро назди шоњ намегузоранд. Аз дабир бори дигар таърихи муносибатњоро бо мулки љангидаашон аниќ мекунад.
Арљосп он гањ мегўяд:
—Каромот бикун, ай Мењр, худованди рўшної, хуршед, њукми одил. Моро мадад бикун, душманони моро аз пешрафт нигањ бидор, нагузор, ки онњо неру бигиранд ва соњиби лашкару љангафзори фаровон шаванд! Неру гирифтани душмани мо Норашнї ва Лўњросп мувофиќи хоњиши дили худоён нест. Ай худованд, каромоте бикун, ки дили шањзода Виштосп ба мо майл кунад ва мо тавонем ба воситаи ў зарбае занем бар Лўњроспи пир…

19. ДЕВЊОИ КЎЧАК

Аз Худованд њар ки њар чи талаб мекунад. Арљосп мулкњои нав, Лўњросп эътирофи шоњигарии худро. Вале Ашу Зардушт дар кулбаи дар буни кўњњои сангї љой гирифтааш солњо пажўњиш карда, аз изадон хостори чизи тамоман дигар буд.
Ў тавалло кард:
—Ай Ањура Маздо,  асрори девонро бароям то ба охир бикушой.
Ў табиати девонро хуб омўхта буд ва онњоро як-як пеши назар овард.
Инак, девони зишт бо сурату сиришти нафратангезе як-як пеш омаданд. Яке нола мекунаду дигаре девонавор механдад. Фаќат аз он дар њайрат афтод, ки девонро одамони бемору нуќсдор хонад, ё мардумонро девњои дупои бешоху дум?
Њоло пас аз хондани Мантраи варљованд девони хурд аз пеши назараш чун корвони шутурњо яке паси дигар мегузаранд.
Ана, ин деви Араск, ё худ рашк аст. Рашку њасад яке аз эњсосоти маъмулї, дар миёни мардум чунон густариш пайдо кардааст, ки бисёр одамон, бо кўмаки он бандагии Ањриманро мепазиранд, яъне аз рашк худ ба деве мубаддал мешаванд.
Аз рашк бадтар Азї –деви Оз ва афзунхоњист. Оздев он аст, ки њар чизро бирабояд ва чун чизе нарасад, аз тан хўрад. Ў он Дуруљест, ки њаргиз сер нашавад, гўянд, ки чашми озмандон дамест, ки ўро сомон нест.
Пешгирї аз зањмати онон чист?
Аша Зардушт оње кашид. Ў пизишки олидараља буд, бемори-њои равонї барояш ошно буданд. Ў ба худ натиља бардошт, ки ин сифати деви Оз яке аз садњо сифати зишти мардумон аст, як навъи беморист. Вазифаи Ози ањриманї табоњ кардани фуруња-ри мардумон аст. Офаридгор Хирадро офарид, ки Хвараро аз деви Оз бипояд. Зиндагии хвара аз фарзонагии хирад аст ва марги он аз худкомагии Варан, ё худ шањват.
Аша Зардуштро як андешаи дигар муддате аз фикр бозмонд:
—Ин замон кулли девонро бад-ин вусъат дур рондан њамкасонро аз ў дур месозад. Зеро ки ќисми бештари мардумон ба ман бовар намекунанд ва маро душмани эзадон, ё бехудо мехонанд. Як ќисми андаки мардумон, ки девсоранд, агар ба ин бовар кунанд ва девонро инкор намоянд, бо он куфру беди-ёнатї, ки худ доранд, аз нобудшавии девон нотарс шаванд ва он гањ худ деве гарданд ва рўзгорро табоњ кунанд.
Пас, чї бояд кард? Бо чї роње деви Озро метавон маѓлуб кард?— Чи тавре ки дар ќадим фармудаанд, бо ќурбонї ва ниёиш? Бале, ќурбонї, вале на барои дев… Азбаски Оз, Рашк, Андра ва дигар девон аслан сифатњои зишти мардумон буда, ба њадди  бемории равонї мерасад, мардумонро мањз бо чунин таъбири равоншиносї метавон шифо бахшид: агар оз афзунхо-њист, ба беморони оз коре мебояд фармуд, ки луќмае аз сарвати худ ќурбонї кунанд ва ба моли гетї дил набанданд.
Аша Зардушт дар пўстлохи  барои навиштан омодакардаи дарахтон ва сафолакњои чоргўша бо хатти реза навишт:
«Деви Оз душмани изади Озар аст. Ва он изад њар бомдод аз хонахудо ва барзигар мехоњад, ки њезум бар оташ нињанд ва Озари покро фурўзон кунанд, то Ози девофарида натавонад бо вай барситезад ва ўро нобуд кунад. Овардани ширу чарбї ба оини ниёиш Деви Озро аз пой дармеовезад…»
Ашу Зардушт сари деви дигар Ажидањок, ки зиштии зиёде бар одамон кардааст, андешид. Мувофиќи устураи бостонии ориёї Ажидањок, ё Зањњок номи аждањоест секаллаву сепўзаву шашчашм, ки мехоњад љањонро аз мардумон тињї кунад. Ва Анграмаинйу ба патёрагии худ ўро ба-д-ин хешкории ањриманї ва девосо офаридааст. Баъд мувофиќи ривоятњо гўё Ажидањок бар Љамшеди фуруњараш коста чираву ба тахти ў соњиб шуд ва њазор сол шоњи Ориёно шуд.
Аша Зардушт андешид, ки воќеан, Ажидањок офаридаи тасаввури мардумон аст ва бар тахти шоњї нанишастааст. Вишварунаи њиндуњо низ њаммонанди Ажидањок як љонвари афсонавї—аждањои секалла аст, ки говњоро мерабояд.
Азидањоги ривоятии ќадим—шоње бо ду мор бар сари китф марде тозист, ки ба Эрон метозад ва бар Љамшед чирагї меёбад ва пас аз њазор соли фармонфармоии ањриманї Фаридун ўро шикаст медињад.  Ба ќавли баъзе донишмандон шояд ровиён истилои бобулињо ва шоњи ошшурї Астиёгро дар назар доранд, ки чанд муддат давлати ориёасли Модро истило карда буд. Пас аз садсолае Астиёг—одами заминї, шоњи истилогари ошшурї ба олами ривоятњои Эрони бостон њамчун Ажидањок—Зањњоки морон ворид шуд.
Дар осори Аша Зардушт дар ин боб чизе нест. Зардушт ба хулосае омад, ки шояд  сухан аз Зањњоки дигаре меравад, ки бо аз миён бардоштани Љамшед заминњоро аз моликони онњо бозмеситонад ва ба дењќонон медињад ва занонро аз они њама мешуморад. Шояд дар кирдори Зањњок ќиёми мардуми бумии Эрон бар зидди ашрофияти ориёї бошад, ки ин асотир ба сурати ќиёми шоњи бегона даромадааст.
Ба њар њол Аша Зардушт Ажидањокро аз гурўњи девон људо кард.
Дигар девон бо сурати зишту амали нопокашон пеши назараш  омаданд: Акаташа, Бадвой-муќобили Андарвой,  Астувидуту,  насу- деви марг, ки онро Бадвой низ меноманд.
Акаташа—деви офаринандаи бадї, дуруљи инкор, офаридагонро аз чизи некў мункир мекунад.
Андарвой—бод, изади нек аст, вале вай бењвой аст, Бадвой низ вуљуд дорад, мисле ки имрўз девбод гўянд. Онро деви њавои нопок номанд. Инчунин дардест дар љисми одамизод, ки онро низ бод гўянд. Пас,  ин љо ду бод аст: яке насими табиї, ки дар мавриди бадалшавии сардиву гармии њаво ба амал ояд, дигар бодест, ки дар сурати ноаён љисми одамиро гирифтори дарду азият мекунад.
Аша Зардушт олими табиатшинос, падидањои табиї—боду шамол, тўфон, айёми фаслњои рўи заминро хуб омўхта буд ва ба фаросат дарёфт, ки ин њама падидањои фаслњои табиат аст ва нисбате ба Ањриману девон надорад.
Астувидуту—заволи тан, Деви марг аст, ки зиндагиро аз миён мебарад, Бадвой низ меноманд. Дар амон мондан аз газанди ин дев ва деви Хашм бо ёрии изадон Сурўш ва Мењр мумкин аст. Чунин гўянд, ки чун ў даст бар мардум молад, Бушосп ояд ва чун соя афганад, таб ояд ва чун ўро ба чашм бинанд, љонро аз миён барад.
—Пас, ин марги табиист, —ба худ гуфт Зардушт.—Вале чун соати марг фаро расид боист мурдан ва на ба дуо, на ба дармонпизишкї пеши онро гирифтан натавонанд. Вале вай чи муносибате ба Ањриман дорад? Ин марги табиист…
Насу—деве, ки ба пайкари мурдагон фармон меронад ва њар кас, ки ба мурдор наздик шавад, ё бад-он даст занад, ё ба танњої мурдаро ба дахма барад, Насу аз њамаи сўрохињои тани ў ба дарун рох меёбад ва ўро меолояд.
Ашу Зардушт, ки пизишки тавоно буд, ин девро ба таври ди-гар шарњ дод: заррањои диданашавандаи сирояткунанда ва ба-рангезандаи беморї ва љисми гандидаи мардум метавонанд ба касони наздикистода ва дастрасонида сироят кунанд. Басе ка-сон аз беморињои сирояткунанда фавтида буданд, ки он замон барои пизишкон муайян набуданд. Роњи ягонаи халосї пешги-рии он буд, ва роњи пешгирї наздик нашудан ба бемору љасади маит ва дасту бадани худро наолудан ба вай буд. Ва Ашу Зардушт боз чанд номи дигарро аз фењристи девон бардошт.
Ашмуѓ, ё Осмуѓ—деви фирефтору гумроњкунанда аст. суханчиниву фитнаангезиву дурўѓ гуфтан ва миёни ду кас љанг андохтан ва адоват ба њам расонидан амали ўст. Инчунин ба маънии гунањори бедин, гумроњкунанда ва рўњонии дурўѓин, худписанд, фирефта омадааст.
Баши, ё Ѓаши —деви беморињост.
Буиди, модинаи он Буидижо, шакли дигари Буити –деви бутпрарастї, ки девосотарин девон мехонданд. 
Бушосп —деви хоби нобањангому ањриманї бо сифати «дароздаст» ва «зард» ёд мешавад. Њангоме ки хурўс бонг мебардорад то мардумро ба бедорї ва пардохтан ба андешаву гуфтору кирдори нек барангезад, аммо Бушосп ононро ба хобе нобањангому сангин фурў мебарад ва аз корњои нек бозмедорад. Бушоспдев онаст, ки танбалї оварад.
Буљи—номи дев, ё бемории ношинохта. Бештар калонњо тифлонро бо номи ў метарсонанд, то калонњоро нороњат накунанд, ё бихобанд.
Вйамбура—гурўњи девоне, ки зидди об талош мекунад.
Гандареви зарринпошна—патёраи ањриманист, оби дарёи Фарохкарт (Каспий) то пошнаи ў буд. Онро Гаршосп аз пой дароварда мекушад.
Чун ба ин љо расид, Аша Зардушт сахт тааљљуб кард:
—Модом, ки Гандареви офаридаи Ањриманро Гаршосп—офаридаи Ањура Маздо тавонист бикушад, пас чаро девонро парастиш мебояд?
Ў навишт:
«Девон сазовори парастиш ва ниёиш наянд.
Девонро накўњиш мебояд кард. Девонро нобуд мебояд кард».
Боз кадом девон дар пиндори мардум њастанд? – Дар назараш девон саф-саф аз пеши назараш гузаштанд. Ва њар кадом мувофиќи тинати худ сухане гуфт: —Яке нолид аз бечорагию гуруснагї, дигаре аз ѓурур сар ба арш зад, дигар аз ѓояти хашм дашноме дод ва  монанди ин…
Дайви –доми фиреб. Дайвак—сифати мардумонест, ки зоњиран ба фиребњои Дайви гирифтор шуданд ва даромадани онњо ба Вари Љамкард норавост. 
Драйви—деви гадоиву дарюзагї. Ба Вари чамкард ворид шудани драйвак норавост. Онњоро падару модари фарзанди њаромзода низ хонанд.
Дуруљ –модадеви дурўѓ ва нодурустиву паймоншиканист. Митрадуруљ—паймоншиканест, ки маънояш «дуруѓгўй ба Мењр» аст.
Заарван—пир,  пирандеша,  кушандаи падарон, деви пирї.
Заиримйангура—девест, ки аз нимаи шаб то дамидани Хуршед њазорон офаридаи Спандменуро мекушад.
Касви—деви бузурги дастёру коргузори Ањриман аст.
Касвиш—деви кину кайфар.
Кахважи—сифати Ањриман—касе ки аз рўшної мекоњад.
Кунди—деве, ки бе май маст мешавад. Бархе бар онанд, ки вай кўтоњшудаи Кавандї аст, ба маънои деве дар абр. Бархе гўянд, ки деви кундї ва сустї бошад.
Мазандарї—девони Мозандарон, ё мазанї—азимљусса, ба- ландиашон чунон бошад, ки дарёи Фарохкарт то миёни рон расад ва бошад, ки ноф ва он љой, ки жарфтарин љой аст, то дањон ояд.
—Бо ин бузургї чунин девро чун кўњи баланди Њукарйа дар тамоми Бохтар метавон дид,— андешид Аша Зардушт.—Аммо кадом кас ўро бо чашми худ дидааст? Шояд тимсоле аз њайво-ноти аждањогунаи пешин бошанд? Чунин деве дар кадом макон биѓунљад бидуни тасаввури беохиру беканораи мардумон?
 Ашу Зардушт назаре ба осмон карду ситораи думдорро дид ва Мушпарї—Маушпаирика—ба ёдаш омад. Вай номи яке аз париён аст, ки бо деви Оз њамроњ  ояд, дузду думболадор. Хуршед Мушпариро ба њампаймонагї ба гардунаи хеш баст, то гуноњ кардан кам тавонад, зеро агар рањо шавад, то бозгирифтан бас бадї бахшад.
Марешуана-номи деви заволу фаромўшї.— Сељи пинњонравон тарљума шудааст. Ба њар хона, ки кўдак бувад, он кўшад, то газанде бад-он хона расонад.
Барои Зардушт—ин њамон гиёњи масткунандаи нашъадор аст, ки бархе марихуана меноманд. Дертар ба хулосае омад, ки нўшидани шираи Њаума низ салоњ нест. Аммо рўњониён ва мардум чунон ба вай одат карда буданд, ки дар ин хусус шунидан намехостанд.
Мањркауша—деви муњибест, поёни њазораи Њушедар зимистони њавлнок падид меоварад ва заминро ба муддати се сол дучори борони тагаргу барфу боди сард мекунад ва њамаи офаридагонро ба нобудї мекашонад. Он гоњ сокинони Вари Љамкард аз он паноњгоњ берун меоянд ва заминро дигарбора обод мекунанд. Аз решаи мањрка—маргу куштан ва мирондан аст. Амали вай бо номи Тўфони Малкусан ёд мешавад.
Девони дигар саф оростанд:
Паири маити—деви вањму табоњандешанда.
Паитиша—девосотарин девони мухолифату зиддият, неруи вайронгарии Ањриман.
Саени—деви беморї.
Спенљаѓра—деви хушксолї. Оташи Вазишта, ки аз гурзи Тиштар шарора мекашад, ин девро нобуд мекунад.
Хнатаити –парии намоди парикомагї-бутпарастї. Ањриман баробари офариниши Ваеакерета—Кобул аз сўи Ањура Маздо ин париро  меофаринад. Ин парї ба Гаршосп мепайвандад, дар равони ў роњ меёбад, ўро мефиребад ва дар натиља Бушоспдев бар вай чира мешаваду ўро дар хоби бушоспї фурў мебарад, ки то поёни њазораи Њушедармоњ идома хоњад ёфт.
Љайни—номи мављудест, ки Ганди беморињои баромадаро дар андомњои мардумон сеяк андоза нерумандтар мекунад.
Љањї, ё Љањика— зани фурумояву бадкирдор ва русапї, номи духтари Ањриман аст, фиребандаву иѓвогари мардон аст. Агар Љањї њамроњи Ашмуѓи нопорсову фармонрвои ситамгар, кушандаи гови поки нахустофарида шумурда намешуданд, Аша Зардушт бея гон мамониат Љањиро дев нею мардумизодаи фосиќ меномид.
Канастї – пароканандаи вабо,
Машрун—пирию фартутї,
Патиша – падидаоварандои нафрат,
Акаташ – офаранандаи кина,
Хру – зояндаи тарсу њасрос ва вањшат,
Хрвигни – барњамзанандаи рањму шафќат,
Дужёр —дурўягї,
Кажухї
Чарва,
Рудра,
Зарич,
Вишап,
Визариш,
Зарман,
Чашмаѓ,
Озаѓ,
Варнав,
Спазг
Арост,
Буз,
ва садњо девони дигар, ки аллакай сифатњои онон нопайдо буда фаќат номи онњо ба дилу вуљуди мардумон ларза меандохтанд..
Ашу Зардушт сари кирдори девон андеша карда, љое  расид, ки дар асотири куњан омадааст:
«Замоне Ањура Маздо бар Ањрмиман чира шуд ва муддате Ањриман натвонист бар зидди Ањура Маздо рўёрўй дар набард шавад, дар об фурў рафт ва пас аз чандин муддат роњи дигарро пеш гирифт — ў ба дили мардумон љой шуд ва шакли набарди ноаёнро гирифт».
Аша Зардушт  андешид, ки чаро подошти гуноњи девонро одамон мекашанд? Чаро њоким, ки хашм гирифтааст бар раият, мўљиби ситоиш аст, вале он бечорае, ки аз таъсири девон заифу бемору нотавон шуда дар додани хирољ ночор мондааст, бояд љазо гирад? Азбаски дасти њокимон кўтоњ асту ба девон наме-расад, кайфар мардумон баранд? Марди авом низ бо фанди де-вон дар хашму кинахоњї шавад, вале ба аёлу фарзандони худ зулм кунад, нашавад, ки бар њокимон  дуруштї кунад. Агар деве дар дили ў медаромад, ба ў чї фарќе дошт, ки бо зављаи заифаш хушунат мекунад, ё бо њокиму шоњи замон?
Ва бо њамин Аша Зардушт  натиља бардошт, ки девон сифатњои зишти одамї бошанд ва бурун аз љисму хулќи одам чизе нестанд.
Девон њама дар назари ў ѓавѓо бардоштанд ва Аша Зардушт мантра-накўњиши зидди девонро бархонд.
—Эй Ањура Маздо! Эй спандтарин мену! Эй додори љањони астуманд! Эй ашаван!
Мадад бикун, ки девонро Биронам.
Ман Хашмро дур меронам
Ман Насуро дур меронам
Ман Олоиши ошкорородур меронам
Ман олоиши нињонродур меронам
Ман Хруро дур меронам
Ман Хруѓайниро дур меронам
Ман Буидиродур меронам
Ман Кундиродур меронам
Ман Кундизародур меронам
Ман Бушаспи зардро дур меронам
Ман Бушаспи зардро дур меронам
Ман Бушаспи дароздастро дур меронам
Ман Муидиро дур меронам
Ман Кабастаро дур меронам
Ман он париро, ки бар оташу хоку сутуру гиёњ фуруд ояд, дур меронам
Эй Ањримани табањкор!
Ман туро аз оташу хоку сутуру гиёњу ашван мард ва ашаван зан, аз ситорагон ва Моњу Хуршеду фурўѓи беоѓоз ва аз њамаи офаридагони неки Маздо –зодагони Спандмену дур меронам...
Субњ дамид ва дар равшании бињиштї девњои зишт гурезон шуданд. Боз њамон ѓори сангин монд, ки ѓайри Зардушт ва андешањои ў касе ва чизи дигаре нест.
-Бигузор, ки девон чунин сифати ноаён амал карданро дошта бошанд. Вале натиљаи осори онњо ѓайр аз вањм дар дилу андешаи мардум чист?
Чанд муддат теша бар решаи андеша зад ва ќабилае бо номи Кахвареда ба ёдаш омад. Гўянд, ки онњо офаридаи Ањриман буда, ба корњои зишту паст шинохта шудаанд ва мардумони он аз љумлаи фарракосторон бошанд. Ин гурўњ аз заношўии деви Хашм бо мардумизода Манушак—хоњари шоњи пешдодї Манучењр падид омадаанд.

20. ДЕВЊОИ КАХВАРЕДА

Аљибтарин њолати Аша Зардушт он, буд, ки ба њар он чи шубњае мекард, изад онро пеши назараш меовард ва мушкилоте ки сари њаллу фасли масъалае дар сари ў пайдо мегардид, рўзи дигар роњи њалли онро дар амал нишон медод. Дар хусуси таъин кардани маќому манзалати девон, хоса, девзодагони ќавми Кахвареда низ чунин њолат рух дод.
Шоми он рўз ду нафар ба суроѓи ў омаданд, ки барои шифо бахшидан ба дењи худ баранд. Яке аз эшон бо зоњири худ диќќати Аша Зардуштро мутаваљљењ  намуд. Ранги зарду мўи љўлида ва чашмони камнури ин љавонмард нишонгари он буд, ки вай аз канораи дур, ё дењоти кўњии касногузаре  омадааст. Мубад ба ду марди имдодталаб нигариста гуфт:
—Дуруд мегўем ба фравашињои Кахвареда.
—Дуруд…
Љавони зардина ба њайрат афтод ва ќоматаш хам шуд. Гумон бурд, ки аз ин шинохти мубад кори ў њаргиз барор намегирад. Вале њоло ки њамаро  дар чашми Аша Зардушт аён дид, илољи дигаре наёфт.
—Бале, ман аз Кахвареда паём овардам.
—Висаи Кахвареда бо мардони далераш машњури гетист. Ту чи паёме овардї?
Аз чунин ранг гирифтани сўњбат љавонмард шод шуд. Гўё ќувват гирифт ва ќомати болою ќавї, вале хамгаштаи ў аз нав рост шуд.
—Маро зантупатии Кахвареда фиристод. Ў бемор аст. Инчунин, дар хшатра бемории њавлангезест.
—Ту аз найистони баланд омадї, тамоми шаб роњ паймудї, бо Шер дучор шудї ва сахт хастаї.  Аз ин шарбат бинўш, то неруи ту барќарор шавад. Пас аз соате ба роњ мебароем.
—Офарин бар Шумо.
Аша Зардушт ба љавон шарбат дод ва ба марди дувум рўй овард.
Ў гуфт:
—Ман аз дањйуи Зарсутун омадаам.
—Хеле хуб. Дар сари роњи Кахвареда ба дењаи шумо дароем. Бигўй, ки оби рўди  дењйу зард аст, сурх, ё  осмонї?
—Сияњгуна,—ба њайрат омада гуфт марди дувум. 
—Аљиб, чї гуна оби рўд ба тали Сиёма расидааст? Вай хеле баланд аст…
Пас аз ѓуслу ниёиш ба љой овардан Аша Зардушт анбони худро бо теѓи Титра ва чанде аз гиёњњои дармонбахш баргирифт ва ба он занту —ноњия рафт, ки макони зодагони дев хонанд. Дар бораи ин ќавм устураву ривоятњои зиёде шунида буд, аммо бовар надошт. Њоло намояндаи он виса худ худро девзода номид ва таваљљўњи ўро бештар кард. Бинобар ин њама њисси хавфу хатарро бартараф карда рафт, ки бо чашми худ бубинад. Аз тањќиќи њоли аслии он њаллу фасли бисёр масъалањои дигар низ вобаста буд.

Ваќте ки сари роњ ба дењйу, ё худ дењаи Зарсутун расиданд, дар дили Ашу Зардушт аз дидани манзараи гуворо роњате падид омад: дењи гулпўш аз чањор љониб бо кўњњои баланд ињота шуда, аз њама љониб рўдњо љорї буданд. Вале диќќати ў ба Тали Сиёма равона буд. Њамроњи марди хабарбар ва ду љавонмарди тањамтан ба гарданаи кўњ баромад. Диданд, ки бар асари селу лаѓжидани ярч сангу гилхокаи зиёде маљрои аввалаи обњои љорї аз тармаро мањкам карда, љуйборчаи кўњї ба ќадри дусад гом болотар аз байни роѓе даромада нопадид гардидааст. Пас аз чанде љустуљўй маълум шуд, ки ин об хеле поинтар аз маљрои аввала намоён шуда, сипас ба рўд њамроњ мегардид. Вале аллакай ранги тира ва бўйи ѓализе дошт.
Аша Зардушт ба њамроњонаш гуфт:
—Селу ярч оби љўйро ба кони маъдани зањрогин љорї кардаанд.
—Зери ин кўњ маъдан аст?—бо њайрат пурсид марди хабарбар.
—Бале.
—Пас, ин кори сел нест. Ин кори Артабаз аст.
—Чаро чунин кардааст?   
—Ў хост, ки оби ин шохрўдро ба љониби боѓаш равон кунад ва аз он љой бо роњи регшўї зар ба даст оварад. Вале пас аз чанде об «гум» шуд. Ва ў дар кори табиат њайрон монд…

Аша Зардушт ба дањйупати ва аъзои њанљаманаи дења—ба сарони авлодњои дења гуфт:
—Инсон нигини заррини љањон аст,  вале инсон вазифадор аст, ки дигар падидањои дар шаш рўз офаридаи Ањурамаздоро мўњтарам ва муќаддас нигањ дорад. Вазифаи инсон эњтиром ва њамоњанг кардани онњост. Ањура Маздо—њастибахши гетї Апам Напот (об), Спента Армайти (замин), Озар (оташ) ва дигар аносири љањони моддиро ќобили ниёиш медонад.
Аз Ањурамаздо суол мекунанд:
—Ай Офаридгори пок, чи гуна эњтироми ту ба љо оварам?
Он гоњ гуфт Ањурамаздо:
—Ай  ашаван, бирав назди гиёњи аз замини рўида ва ўро бигўй: «Хуш омадї, ай гиёњи зебои тавонои Ањуроофарида, ай гиёњи фазоянда».
Пас, агар бо ростию дурустї табиатро њамоњанг кунед, боиси ободию афзоиши љањони моддї шавад, вагарна, боиси мушкилоти бузурги љањон —беморињои сањмгин, заминларза, тањдиди ситорањои думдор, љангњо, задухўрдњо, зиддиятњо, таѓйири иќлим, камњосилии замин шуда, мављудияти худи инсонро дар зери хатари бузург ќарор медињед…
Бо амри дањйупати љавонон ва мардони њузарб болои кўњ баромада, љўйро ба маљрои аввалааш равона карданд.

Сипас Ашу Зардушт њамроњи Суврва ба љониби шањраки Кахвареда равон шуд. Дањйупати нияти онњоро фањмида, Зардуштро аз хатари гароне њушдор дода гуфт:
—Дар ин дење, ки њоло ба сўи вай равона њастї, махлуќоне мезиянд, ки аз деву одам рўидаанд. Касе, ки он љо рафтааст, дигар барнагардад, девсору девхўй шавад.
—Бале, ин ном њамаро ба дањшат меоварад ва касеро ёрои он љо рафтан нест. Аммо девзодагон низ чун њама мардумон ба шифокорон эњтироми хоса доранд. Барои њаллу фасли мушкилоте, ки мо дорем, тањќиќи њоли онон зарур аст.
Ва Ашу Зардушт бидуни дудилагї ба он љониб рањсипор шуд.

Суврва дењи худро шойтра номид, яъне мањалли зисти ќабилае, ки ба худ њоким буда, соњиби обу замини кишти худ аст. Ин њол њатто ба пизишке чун Зардушт низ хатар дошт. Одатан баъди вис дењйу мањалли калонтар буд, сипас врзана, сипас  шойтра, мањалли зисти чанд ќабила, баъд арйаман—иттињоди ќабилањо. Он замон њар авлод дар љое макон баргузида зиндагї мекарданд ва бузурги эшон сарвари авлод буда ўро виспати меномиданд. Вале модоме ки онњо худро шойтра меноманд, ќонуну ќойидањои вижаи худро доранд ва аз болои онњо ба касе шиква кардан имкон надорад. Вале аллакай нисфи роњ тай шуда буд. Ва Зардушт њаргиз аз роњи интихобкардааш барнамегашт.
Аз чанд вису дењйу гузаштанд. Ва ќарор гирифтанд дар назди найистони бузурге. Аз паси он Кахвареда љой гирифта буд. Ин аслан дараи обшори њамворе буд, ки аз ду љониб бо кўњњо ињота шуда, њазорон буттаву нињол дошта, љои хушманзаре буд, вале аз оби фаровони он найзори баланде рўйида, куноми палангону даррандагон гашта буд. Њанўз њаво равшан буд, вале аз наъраи шерону нолаи шаѓолон касе ба ин гўшаи дањшатафзо даромадан намехост. Замини сероби он пур аз морон буд. Ба Кахвареда роњњои дигар њам буданд, аммо вай дур буда, аѓбаи баландеро дар ду шабонарўз тай кардан зарур меомад, вале онњо бояд шитоб мекарданд. Сувра њар гоњ ба ёд меовард, ки ањволи зантупати хеле вазнин аст. Сувра шамшери бузургу тези худро ба даст гирифт. Вале Аша Зардушт барои ќавї шудани дилњои њарду Мантрадармониро истифода бурд. Бо номи офаридгор ниёиш намуд ва њарду љасурона аз ин њавлгоњ гузаштанд. Ва шояд аз таъсири Мантраи варљованд, ё аз он, ки даррандагони тезчанголи найистон њамон лањза сер буда, эњтиёљ бар гўшти одамї надоштанд, ягон љонвар ба эшон наздик нашуд.
Ними шаб ба Кахвареда расиданд. Хоњ—нохоњ ба дили одами бори аввал ба ин љо расида њавли шадиде падид меомад. Ва Ашу Зардушт ба њар тараф нигариста, осоре аз девонро љуст, вале ягон чизи ѓайримуќаррарї надида, хатари воќеие эњсос накарда, худро дар дил мазаммат намуд.
Суврва бо сари хам, вале чашмони оташбори дар њифзи пизишк устувор ўро аз талу теппањои на чандон баланд, аз байни хаймањо ва козањои хасї гузаронда, ба назди хонаи мустањками сангї овард.
Чун шаб аз нисф гузашта, ва ин рустои бузург бо одатњои нофармонї, ѓурур ва мумсикї низ овоза дошт ва болои ин њама Суврва аз њоли дањйупати хавотир буд, пизишкро ба хонаи бемор бурд. Дар остонаи дарвоза посбонњо Суврваро аз ќомати баландаш шинохта, роњ доданд. Аз хонаи якуми долонмонанд гузашта ба ошёнаи боло баромаданд, сипас ба поён фаромада, ду бор ба тарафи чап тоб хўрданд ва ба даруни боѓчаи хурде ворид шуданд. Гулњои зиёде дар боѓча шукуфта, бўи хуше медоданд. Сипас аз боѓча њам гузашта, ба њуљраи рўбурў даромаданд, як бор ба тарафи рост гаштанд ва танњо баъд ба ќабулгоњи бемор—толори бузурге расиданд. Маълум шуд, ки дањйупатии бемор мењмон дорад. Вале љои ќафо гаштан набуд. Дари ин хонадон њамеша ба рўи Сувра боз буд.
Бо ишораи дањйупати рўи фарши коњгили рўяш бўрё партофта нишастанд.
Мењмони аввала бидуни истињола аз мењмони нав ба сухани худ идома дод:
—Ба такрор мегўям, ки Лўњроспи маккор дасту пойи шањи моро бо намакпаймон бастааст. Вале Шумо ба чизе ўњдадор нестед. Пас дасту пойи Шумо кушода аст. Зару мол он љо фаровон аст. Аз дурии мањал ва аз тарси девон касе ба суроѓи шумо нахоњад омад...
Дањйупати шояд бар асари беморї зиштрўй менамуд. Дарди љонкоње ўро азият медод, вале аз гиёње, ки ба вай нўшонида буданд, ором буд. Ба ў ин сухани мењмон як маслињати оддї буд. Бинобар ин, лоќайдона гуфт:
—Мо девзодаем. Паймон барои мо нест ва мо барои паймон нестем.
—Шумо дасисаро оѓоз кунед, то барои мо бањона шавад, дигар мо кори Лўњроспро тамом кунем.
—Бошад.
Мењмон халтачае зар дод.
Дањйупати ќаноатмандона табассум кард ва ба Суврва рўй оварда гуфт:
—Њафтаи дигар бо дастаат ба мањалли Ванобак биравед ва оташ дар гиронед.
—Ба чашм.
—Ба мењмонон ѓизо дињед.
—Хуб.
—Пизишк бо ман бимонад.
—Ба чашм.
Суврва њамроњи мењмони пешинаи пулдор баромад. Зардушт рўбарўи солори девзодагон танњо бимонд.

Ашу Зардушт дар хусуси мањалли Ванобак бисёр чизњоро медонист. Дар ривояте чунин хонда буд: андар он њангом, ки эрониёну тўрониёнро барои мањалли Ванобак пайкор буд, Ањура Маздо барои пешгирии пайкори доимї гове бузург офарид, ки дар байни марзи Эрону Тўрон болои сунб пайдо буд. Агар муќобилати марзї падид ояд, гов бо сунби худ мањалли сарњадро нишон медод ва доварии гов мушкилотро њаллу фасл мекард. То он замоне, ки шоњи пешдодї Кайковусро хоњиши азхуд кардани бањрае аз замини Тўрон дар дил омад. Ќабл аз њама хост, ки ба воситаи он гов марз ошкор нашавад. Чора љуст ва онро дар куштани Гов дид. Аммо кї ба ин љуръат карда метавонист?
Дар хидмати шоњ њафт бародар буданд ва њафтумини онон Срит буд, ки тани бузургу зўрии бемисл дошт, ба Ковус ба паси дар ёвар ва аз шоњзодагон буд.
Ковус ўро ба пеши худ хонд ва фармуд:
—Бирав, он говро бикуш андар беша.
Срит рафт. Чун хост говро бикушад, гов ба сухани мардумї даромад ва гуфт:
—Маро накуш, рўњи туро фардо гаронї афтад. Бадкирдорро марг расад. Ва он кас, ки говро миронад, ўро низ марге бадтар расад.
Срит чун ин сухан шунид, бозгашт, Ковусро огоњ намуд ва аз сухани Гов огоњ кард:
—Гов ба шигифтї гуфт, ки њар ки андар замин ба љанг дилбастатар аст, акнун куштани говро њамефармояд.
Ковусро, ки ком ба љанговарї буд, гуфт:
—Оянда пайдот нест, вале њоло ман ба ту фармон медињам: бирав ва ўро бикуш!
Срит гуфт:
—Ман ба куштан тавоно нестам, зеро маро аз гилаи ў дар дил бахшоиш аст.
Ковус гуфт:
—Бирав ба њамон беша, бас саркардагони париён дар онљо мондагоранд ва туро аз дил бахшоиш бубаранд.
Срит ба беша рафта, бисёр париён дид, ки дањони кушода доштанд. Эшон бархурўшиданд ва амр карданд:
—Куш, набахшой!
Ва Сритро бахшоиш аз дил бирафт. Ба беша бозгашт ва ба мушт пушти говро аз се љой бишикаст. Гов шигифт монд, нола ва бонг бардошт. Срит пас аз куштани гов он нола, ки шунуд, гарону ноосуда шуд. Боз шуд ба Ковус ва ўро он гуна, ки буд, огоњонид ва аз ў чунин хост:
—Маро куштан фармой, зеро ки маро зиндагї боиста набувад.   
Ковус гуфт:
—Ман туро бинакушам, зеро аз ту ногузирам.
Срит гуфт:
—Агар ту маро бинакушї, он гоњ ман туро бикушам.
Ковус гуфт:
—Ту маро бинакуш, зеро ман шоњи љањонам.
Срит хеле нохурсандї кард,  то ўро Ковус фармуд:
—Ба њамон беша бирав, ки парии сагпайкар дар он аст ва ў туро бикушад.
Срит бад-он беша шуд ва он парии сагпайкарро дид ва сари онро бо як зарби шамшер бурида аз тан људо кард, вале парї дуто шуд. Срит сагонро пайињам сар њамезад, то онон ба њазор расиданд ва эшон Сритро дар љой бикуштанд ва бидариданд.
Аз ин ривоят маълум буд, ки марзи Эрону Тўрон њамеша мањалли пайкорњои хунафшон буд ва њоло бо амри тарафе бояд девзодагон онро вайрон мекарданд. Зоњиран, чунин амал ба љанги бузурге бањона мегардид. Ва Аша Зардушт бидуни ихтиёри худ шоњиди ин маслињат шуд. Аз рањи ростию растагорї ў наметавонист зидди ин Маниши зишт аксуламале накунад. Бинобар ин дар андешаи љустани пайти мувофиќ  афтод. 

Аша Зардушт набзи бемори воломаќомро дид ва мањлули гиёњњои дармонї дод.Аз ин сабукие дар њоли бемор падид омад. Маслињат шуд, ки фардо субњ табобатро давом медињанд. Дигар як поси шаб гузашта, бемор тавони гўш кардани сухан надошт. Бо амри дањйупати Суврваи бемадор Аша Зардуштро љои дигар бурд.
Њоло ки ба хонаи хоњарзодаи дањйупати барои шабрўзкунї мерафтанд, моњ баромада, њама љоро равшан карда буд. Зардушт бо диќќат нигарист, ки шањри девзодагон аз дигарон чї фарќе дорад. Вале ба њайрат афтод, ки вай дар сохти кўчаву хонасозї ва табиати мањал аз шањру дењистони дигари ориёї фарќе надоштааст. Хонањо ба истиснои чанд бинои дуќабата њама аз похсаву гил буданд. Худи шањр бо бузургии масоњаташ Зардуштро ба тааљуб гузошт. Дар кўчањои танги дења баъзан ду нафар базўр мегузаштанд. Вале дар бисёр мавзеъњо љойњои холие низ  мављуд буд, ки барои хонањои ќасрмонанди шафаташон чун боѓ ё полез, ё майдони ояндаи хонасозї хидмат мекарданд. Барои чорво дар пањлуи шањр ва гоњо дар байни њавлињо љойи зиёди обшори сергиёњ људо шуда буд.
Дар кўчањои канории дења хумдонњо ва коргоњњои маъданкоркунї, заргарї, оњангарї, устохонањои буттарошї ва ѓайра ба назар расиданд. Зардушт аз он ба њайрат омад, ки дар ин шањри бузург ягон иншооти муњофизатї ба назар нарасид. Ва пас аз лањзае ба саволи худ љавоб гуфт:
—Охир инњо девбаччагонанд. Кї љуръат дорад, ки ба дењи девњо њуљум бикунад?
Вале  баъд ба ёд овард, ки зодгоњи ў низ чандон хурд нест, вале вай њам хати муњофизатї надорад. Танњо дар баъзе дењоти хурд деворњои пасте мебардоштанд, то ки пеши њайвоноти гиёњхўрро аз рањи полезу боѓот бубанданд.
—Бале, дару девори кулли ориёињо чун дили эшон кушода аст,—шод гардид ў.
Вале аслан макони девонро кўњњои баланд ва рўдњои пуроб њимоят мекунанд. Дар чор гўшаи дења—дар сари ќуллањои баланд шубонњо рамаи бузу гўсфандонро мечаронданд ва дар айни замон посбонї мекарданд. Баробари мушоњидаи лашкаре ё хавфи њайвоноти дарранда, ки баъзан гала-гала њуљум мекарданд, бо дуд андохтани андак хаспора ањли дењаро огоњ менамуданд. Азбаски шуѓли асосии ањолї љанговарї ва роњзанї буд, дар Кахвареда мардони тањамтани пурќувват зиёд буданд. Онњо фаќат рўзи љанг ба даст рамзафзор мегирифтанд, аксари ваќт бо истироњату майишат машѓул буданд, бо ѓаниматњои љангї рўз мегузарониданд.
Гўё ин маъниро бо њастии худ тасдиќ мекарда бошад, як марди ќоматбаланди ришсиёњ пайдо шуд. Ў ба Суврва беэътиноёна назаре карду пурсид:
—Ин ѓулом ба чї кор ояд?
—Вай пизишки бузургест,— бо ќањр эътироз кард Суврва.—Ба кори худ бирав, Дуракаста!
—Ба мо, девзодагон, пизишк чї лозим?
Суврва хомўширо афзалтар дониста, ќадаммониашро тезтар кард.
Шуввоси аз ѓилоф баркашидани шамшер баромад. Суврва њамоно каманд партофт. Каманди на чандон дароз дастони шамшерболокардаи Дуракастаро печонда гирифт. Рагњои дастони мард барљаста баромаданд. Зоњиран вай аз ин њуљум ва дарди дастон парвое накард, вале бо киноя гуфт:
—Барои як ѓулом?
—Ин мењмони дањйупатї!
—Ба мо коре овардааст ва зари дурусте медињад?
—Ин пизишки номї Зардушт аст.
—Фањмидам. Дарњол бояд мегуфтї. Мо пизишконро дўст дорем.
Девзода Дуракаста бо ѓурури хандаоваре илтиљо кард:
—Суврва, пизишкро ба хонаи додари ман биёр. Вай, девона, бемор шудааст.
Суврва дастони девзодаро кушод.
Зардушт, ки каме нороњат шуда буд, худро ба даст гирифта, изњори ризоият кард.
—Нек бошад.
—Аспатро бикуш, фардо меоем, —њазл кард Суврва.
—Сад асп ќурбони бародарам, —ќасам хўрд девмард. –Як зиёрати дењи Ванобаку дусад асп зери поям парвоз кунанд. Вале сад кишварро ба њам занам, на бародар ****, на чунин пизишки тавоно ва на чунин Суврваи доно. Ќурбонатон.
Дигар аз забони девзодаи тањамтани бадњайбат шањду асал мерехт, ки бо ин бештар тааљљуби Ашу Зардуштро овард.

21. СИФАТЊОИ ДЕВЗОДА СУВРВА

Субњи барваќт Суврва Зардуштро ба хонаи дањйупати овард. Зардушт аз он тааљљуб кард, ки дари хона аз љониби њавлї боз шуд ва ин дафъа худи бемор дар хонаи баландтарин љой гирифта буд. Бо ишораи бемор њама ходимон хонаро тарк карданд.
 Бемор ба Аши Зардушт рўй оварда ишорате кард.
Аша Зардушт дасти беморро дошта, набзашро санљид. Барои ў аз як нигоњ њамааш маълум буд. Аммо њисси кунљковиаш боло гирифту пурсид:
—Шумо, ки девзода њастед, чаро девон ба Шумо мадад намекунанд?
Дањйупати табассум кард.
—Девзода дев бошад. Дар миёнаи мо девонро дидї?
—На, аз тирагии шаб аён нашуд.
—Мањалли аёншавии девон шаб бошад. Вале ту аз девон на шаб нишон биёбї ва на рўз.
—Пас чаро?
—Ин ќиссаи дуру дароз аст. Ќариб сад сол пеш падарбузурги мо хост бо модарбузурги мо издивољ кунад, вале ба муњаббати эшон зид баромаданд. Ва шабе падарбузург модарбузурги моро дуздида, дар асп нишаста, ба ин мавзеъ мерасанд, ки аз чор љониб роњњояш баста аст. Њамин љойи хушобу њаворо барои зистан интихоб карданд. Чун фиристодагони шоњ натавонистанд бо ў баробар оянд, варо дев хонданд. Азбаски аз чор тараф ин дара бо кўњњои баланд ва рўдњои тезобу найистон ињота шудааст, лашкари гароне гузашта наметавонист. Аз ин љост, ки ин маконро куноми девон номиданду моро девзода. Дертар чандин нафари мардумизодагони оддї ин маконро љои зист ихтиёр карданд. Яке аз муњаббати бебарор, дувумї аз тарси ќотиле, савумї аз бемориву ночорї зоду буми худро тарк карда, дар љустуљўи бахт ба ин дара омад. Маслињат шуд, ки њама офатдидањо як шавем ва њама озодона умр ба сар барем. Аз ин љост, ки касе бар касе тобеъ нест, вале ваќти њуљуми душмани азим ва ё тўфону сел барои аз байн нарафтани ин шойтра њама чун як тану љон бикўшем. Аз ин љост, ки бар мо касе дигар кордор нест ва сол то сол теъдоди хаймањои мо бештар шавад. Мо озодагонем.
Барои Зардушт ин сухани наве буд. Беихтиёр љомеањои гузаштагонро ба ёд оварда бо инњо муќоиса кард ва аз тартиби кори «девзодагон» дар шигифт афтод.
Бемор барои табобат омода шуд. Ашу Зардушт аз анбони худ марњами аз гиёњњо омодакардаашро берун овард. Рў ба осмон ниёише кард:
—Ањура Маздост, ки гиёњони доруиро, ки садњо ва њазорхо ва дањњазорњо гирдогирди дарахти Гаукерена рўидааст, ба мо фиристод.  Барои пойдорї дар баробари беморї, марг, дард, таб, сардард, табларза, беморї, ажана, бемории ажањва, хўра, моргазидагї, бемории дурука, бемории њамагир, бадчашмї, пўсидагї ва гандидагї, ки Ањриман ба патёрагии хеш барои газандрасонї ба тани мардумон офарид, њамаи гиёњони доруиро бо бузугдошту офарину ниёиш барои дармони тани мардумон фаро мехонем.
Бемор дар вуљуди худ як ќувваи ѓаримуќаррарї ва гармии роњатбахше  эњсос кард. Аша Зардушт ба чашмони бемор нигариста, Мантраи варљовандро хонда, дар њар мавриди мувофиќ марњами овардаашро чунон устокорона ба рўи љароњатњо гузошт, ки бемор гўшу њуш ба таронаи зебои ў дода, ин љараёни пурдарди табобатро њатто пайхас накард.
Сухандармонии Зардушт њама дардро бартараф мекард:
—Ман мегўям: эй беморї, дур шав.
Ман мегўям: эй марг, дур шав.
Ман мегўям: эй дард, дур шав.
Ман мегўям: эй таб, дур шав.
Ман мегўям: эй нохушї, дур шав.
Агар бемории маргзой шомгоњон фароз ояд, дармони он бомдодон бирасад.
Агар бемории маргзой бомдодон фароз ояд, дармони он шомгоњон бирасад.
Бишавад, ки борон обњои тоза фурў борад, хокро нав кунад, дарахтонро сарсабз кунад ва тандурустии наву тавоноии тоза дар кори дармон падид оварад.
Њангоми гузоштани марњами давої Аша Зардушт як захми калони байни пойи Маидийарро кушода гузошт ва бо назари имтињон ба ў гуфт:
—Аз захми теѓи пизишкон њарос надорї?
—На.
—Ин захмро бояд бо теѓи Трита бурид.
—Аз барои ишќи ёр зањри теѓ хўрдан савоб,—боз њазл  кард бемори бузургманиш. Вале ваќте ки Зардушт теѓи борики заррини худро аз анбон баровард,  бо њайрат пурсид. — Ку, бубинам…
Аша Зардушт сифатњои теѓи заррини хурдакаки шарњ дод.
Он замон чунин тартибе буд, ки барои рухсат ба теѓдармонї нахустин корозмудагии хешро пизишк мебоист бар девпарастон биозмояд, се бор њангоми дармони девпарастон бемор бимирад, он пизишке ношоиста дониста мешуд ва њељ гоњ набояд бигзоранд ба дармони маздопарастон даст занад. Ва агар ў ба дармони маздопарастон даст занад ва ё бо корд дармон кунад, подафраи гуноњ-куштани огоњона бар ў раво буд. Вале агар се бор бемории девпараст тандурустии хешро бозёбад, аз он пас њамвора пизишке шоиста дониста мешуд.
Њаќи зањмати пизишк низ аљиб буд: мубадонро пизишк бояд дар баробари офарину омурзишхоњии вай, хонахудоро ба арзиши варзови камбањое, дењхудоро ба арзиши варзови миёнабањое, шањрбонро ба арзиши варзови пурбањое ва шањриёрро ба арзиши гардунае чањораспа дармон кунад. Бонуи хонаводаро ба арзиши модахаре, њамсари дењхудоро ба арзиши модагове, њамсари шањрбонро ба арзиши модиёне ва шањрбонуро ба арзиши модашутуре дармон кунад. Писари дењхудоро ба арзиши варзови пурбањое, варзови пурбањоро ба арзиши варзови миёнабањое, варзови миёнабањоро ба арзиши камбањое, варзови камбањоро ба арзишти гўсфанде ва гўсфандро ба арзиши як хўроки гўштї дармон кунад.
Агар пизишкон чанде бо якдигар ба дармони бемор пардозанд, яке бо корди пизишкї, дигаре бо гиёњи дармонї ва он дигаре бо Мантрадармонї, севумин бењтар аз њама бемориро аз тани бемории ашаван дур мекунад.
Майидйарем осуда шуд.
—Ин Трита кист, ки теѓи ў дар дасти туст?
—Трита —номи устоди ман аст. Аслан Трита нахустин касест, ки беморї ва маргро аз љањон дур меронд. Трита бунёдгузори дониши пизишкї ва дорусозист. Барои аз миён бурдани беморињои гарї, таб, обгунањои чиркини фасодшуда, нотавонї ва осебњои дигаре, ки аз мор падид омадааст, теѓро истифода мебарад. Амшоспанд Хшатра ваирйа –Шањривар, ки нигањбони филизњост, корде зарнишон ба Трита медињад. Бинобар ин ў нахустин касест, ки корди пизишкї мекунад. Дар айни њол, Трита нахустин касест, ки бо гиёњони давої ва бо Мантраи варљованд ба кори пизишкї ва дармон даст мезанад.
—Њафтае дар њамин љой бимон,— хоњиш кард Маидийор.—Боз чанде аз мардумони ман ба кўмаки ту ниёз доранд.
—Хуб.
—Вале агар кори шитобе дорї, ихтиёр дар туст.
—На, на. Шифо бахшидан ба беморон вазифаи дилуљонии ман аст.
На танњо ба хотири комилан шифо ёфтани беморон Аша Зардушт розигї дод. Агар њоло бар зидди хоњиши сарвари дења амал мекард, ин ба Маидийар сахт мерасид ва азбаски табиати девсорона дорад, метавонад бо як ишора ўро сар аз тан људо кунад. Вале Зардуштро масъалаи миёнарави марги ориёињо шудани девзодагони Кахвареда бештар дар ташвиш мононда буд. Ва ў пайте мељуст, то кахваредињоро аз нохубии ин кори зишт ва барои ориёињо сарнавиштсўз огоњ бикунад.
Шомгоњ Аша Зардушт дар муњофизати Суврва ба поёни дења рафт, то ки аз теппањои обшори он гиёњњои зарурї гирд оварад. Ва чун аз љангали соњили рўди шўх гузаштанд, як манзараи маѓшуш дид, ки хотири ўро парешон кард: он љо занњо ва мардњо беибо дастњо ба гардан ва  камари њамдигар бурда зино мекарданд.
—Ин чи њолест?
Суврва чунин шарњ дод:
—Дар ин љо муњаббат озод аст, касеро бар касе коре нест. Аксари ин занњо шўйногузидаанд, ё шавњаронашон дар љангњо, ё шикор њалок шудаанд.
—Ба ин њадде озодї ва бепарвої магар мумкин аст?
—Охир ин љо шањри девон аст… Барои мо њамин озодї муњим аст.
 Хуррамие, ки лањзањоли аввал дар дили Аша Зардушт пайдо шуда буд, кам-кам аз байн рафт. Ва ба худ андешид, ки дар ин дењ аксаран мардњои танбалу бекорагард ва љангљўй, занњои бадахлоќу рўсапї гирд омадаанд. Њама ќути эшон аз роњзанї ва љангњои паёпай бо мардуми осоиштаи шањру дењоти атроф аст. Ва насаби девзода доштан ва бо ин бањона дар њама амалњои зишт озод буданро барои худ чун сипар интихоб кардаанд. Ин кори девон нест, ин аз хулќи одамон аст, ки ин љойи зебо, вале дар ињотаи ботлоќу дарёњо чун ќалъаи мустањкам дастнорасро барои корњои зишти зуд баргузидаанд. Ин бемории гарї аст дар байни љомеаи инсонї. 
Аша Зардушт ба хулосае омад, ки сухани дањйупати рост будааст, аммо дар асли кирдори эшон як нишони равшан аз амали девон бидид: касе бар касе тобеъ нест, вале бо як ишора барои љангидан, кўфтан, даридан њамеша омода буданд. Худи дења аз чандин дарањои ба њам печида иборат буда, чун деворњои касногузари дастнорас буд ва мањалли љойгиршавии дења— дар байни њама мулкњои ориятии атроф буд. Аз ин лињоз шоњони мулкњои атроф аз онњо хавф доштанд ва мекўшиданд, ки барои амалњои зишти худ бар зидди раќибон аз онњо истифода баранд. 
Дар шаб омадани пизишки тавоно ва Маидийарро аз бемории пурдањшат рањо кардани Аша Зардушт зуд дар дења овоза шуд. Бемории ногањонии сарвари дења ба зудї ављ гирифта ўро аз пой афтонд ва пизишкони девзода дар илољи он ољиз монда буданд. Бинобар ин, фурсатро ѓанимат дониста, девзодагони бемор назди ў омаданд. Пизишк њуќуќи рад карданро надошт. Бинобар ин, ў бо пурсабрї ба ташхису муолиља пардохт.

Рўзи дигар, мувофиќи ваъда Суврва Ашу Зардуштро ба хонаи Варешва—бародари Дуракаста бурд. Вай, ки дар тањамтанї аз бародари худ камї надошт,  рўзњои охир нохост бистарї шуда, сару рўяш варам карда, чун дарахти аз реша бурида ба бистар афтода, тобу тавони хестан надошт. Номи Варешва—девзод ба љуссааш мувофиќ буд.
Ашу Зардушт набзи беморро санљида пурсид:
—Беморї аз чї сар шуд?
 Варешва таб дошт. Чизи равшане гуфта наметавонист.
—Ман медонам, —бесаброна ба сухан пардохт зављаи ў.
—Оњ, лози-им нест, дамата гир,—ољизона хоњиш кард бемор.
—Ин барои муайян кардани дард ва интихоби роњи табобат зарур аст, — хоњиш кард Зардушт.
Бале, занњои Шарќ њам табибанд, њам ѓайббин, њам ёри девон ва гоњо худи девро ба њайрат мемонанд.  Зављаи бемор низ аз љумлаи онон буд ва ќиссаи шавњарашро бо тамоми назокаташ њикоят карда, бо њамин њам ба пизишк асли бемории ўро гуфт ва њам шавњарро таъна зад ва њам доноиву тавоної ва бартарии худ, забони бурро, дандонњои зебо доштанашро намоиш дод:
—Ин деви нари пири ман модадеверо бо номи Љайни аз дењи њамсоя дўст медошт. Њафтае пеш Љайнї аз дуои бади мо, занњои поку порсо дар оташи таб сўхт. Ин марди ошиќ бар сари ў нишаст ва баробари ў дард кашид. Ваќте, ки деви марг Насу  бар Љайни чира шуд, ба ин њам сироят кард. Аз ишќи вай, рўсапї, девона шуд, бар асари Насу аз пой афтод. Ва дарди сари мо шуд. Дар вуљудаш деви марг нишастааст.
—Марги Љайнї аз чї буд?
—Дар оташи дуои мо месўхт, —такрор кард зани Варешва ва дуои бад карда бар накўњиши он зани сарсахт пардохт.—Илоњо дар оташи дужангња дар гирад!
Кош Љайни медонист, ки ин зани дар умри сараш ўро надида ба ў чи сифатњоеро мебахшад. Аз ин ситоишњо чун ќањрамони афсонавие менамуд, ки бо як нигоњаш дили пањлавоне чун Варешваро ба даст оварда, чун кўдак ўро фирефтааст ва оќибат мањз бо илми љодукукшии зани донои ў ба њалокат расидааст.
Дар он замона ва њазор сол баъди он низ,  то фаро омадани ислом, чанд намуди заношўї аз ќадим бозмонда буд, ки подшоњзанї, чакарзанї, айукзанї, сатарзанї ва ѓайра ном доштанд.
Подшоњзанї аз љумлаи бењтарин намуди заношўї барои арўс буд, ки бо хушнудї, ё худ ризоияти падару модар издивољ  мекард ва шавњари ў наметавонист бидуни ризоияти вай зани дигаре дошта бошад. Маълум, ки дўшизаи бо ризоияти волидон ба шавњар баромада ва њамчун зани аввал маќоми хеле баланд дошт.
Чокарзан дуюм намуди заношўї буд, одатан зани бешавњармондае бо марди дигар издивољ мекард ва ё агар подшоњзан нозой бошад ва рухсат дињад, шавњар метавонист зани дигаре бо номи чокарзан ихтиёр кунад. Пас, он замон низ ду зан гирифтан имкон дошт, вале мард танњо бо сабабњои узрнок, яъне агар зани аввала нозой, ё худ безурёт бошад, метавонист зани дуюм бигирад.
Одатан занњое низ ба унвони чокарзанї соњиб мешуданд, ки бидуни хушнудї, яъне ризоияти падару модар издивољ мекарданд, вале агар аз ин издивољ фарзанде ба вуљуд ояд, набояд он бача, ё падар ва модараш ронда шаванд.  Пас чунин озодї барои духтарон ва писарон ањамияти тарбиявї низ дошт, яъне танњо таваллуди фарзанд метавонист њама хушунатро аз байн барад. Вале агар ин муњаббат ва ин издивољ  фаќат ба хотири шањват набудаву маќсадашон бунёди оилаи солим  ва фарзандон бошад, аз љониби љомеа эътироф мегардид. Ва маќоми фарзанди навзод як одамчаи нави љомеаи ориёї волотар аз њама ќонунњо буд.
Айукзанї. Дар ин намуди заношўї мард агар писар надошта бошаду фаќат фарзанди духтар дошта бошад, заношўии он духтар бо њар каси дилхоњаш сурат мегирифт, вале ба номи айукзан сабт мешуд ва нахустин писаре, ки аз он заношўї ба вуљуд меомад, ба номи падари духтар дармеомад. Дар мавриди ин заношўї бархе гумон мекунанд, ки падар бо духтараш заношўї карда, аз ў соњиби фарзанд шудааст. Дар сурате, ки ин гуна нест ва ин кор, дарвоќеъ барои зинда нигоњ доштани номи падар аст. Яъне танњо дар мавриде ки фарзанд писар бошад, номбардори падар ва авлоду ќабила мебуд.
Сатарзанї. Замоне ки писари баруманде ё марди љавони беписаре бар асари беморї ё љангњо аз њаёт дармегузашт, пайвандони ў аз дороияш дўшизаеро ба никоњи заношўии писаре медароварданд. Шарт он буд, ки ин зану шавњар паймон мебастанд, ки яке аз фарзандњои худро ба номи он шахси аз њаёт даргузашта медароваранд. Гоњо шахси даргузашта хоњари дамбахт дошт ва наздикони ў хоњарро ба гувоњи сатарзан ба заношўии љавони дигаре дармеоварданд. Ва фарзанди ба дунё овардаи ўро фарзанди бародари худ мехонданд, ки ин мавзўъ низ дар садањои минбаъда бо иштибоњ тањти нишонаи заношўии бародар бо хоњар ѓалат маънидод шудааст.
Тавре ки маълум мешавад, сатарзанї ва айукзанї як навъ сохтакорист барои зинда нигоњ доштани номи авлод. Он чиз мардумонро ба ин кор маљбур мекард, ки мувофиќи аќидањои динии он замон мардону занони бефарзандро ба гарудмон—бињишт роњ намедоданд. Ва азбаски розї кардани духтари бегонае мушкилоти зиёд дошт, маљбур мешуданд, ки хоњар ё духтари марди бефарзанд ё фавтидаро барои ин никоњи сохта истифода баранд.
Вале барои мардону заноне, ки онњоро девзодагон номиданд, ягонтои он писанд набуд ва онњо дар эњсос ва муњаббат ва фарзанд худро озод мењисобиданд. Барои онон муњаббати якдигар аз њама гуна эњсоси авлоду њиссиёти падарону бародарон ва фарзандхониву фарзанддорї гаронтар ва муњимтар буд. Бинобар ин ба илтиљову зорињои хешовандон гўш намедоданд ва ба ишќи якдигар дунёро ба сар мебардоштанд. Бо ин њол дар дохили авлоду ќабилаи худ зистан барояшон мўљиби таънањои њамарўза мегардид: нафаре бењамият, кўрдил, беандеша ва бо њазор айб дар рўзи хуштарини марду зани нек, вале бар зидди ќойидањои мављуда заношўї ихтиёр кардаро метавонист њатто баъди дањ сол дар хуштарин рўзи умраш низ таъна зада бигўяд: Ту фалон нестї, ки бидуни ќойидаи авлод заношўї кардї? Ту фалонї нестї, ки авлодро рўихотир накардї? Ту фалони нестї, ки модарат аз шарми ту то њол ба маъракањо намеравад? Ва ѓайра ва њоказо—тахайюли мардумони хашмгин ва озурда барќвор густариш меёфт ва њамкасон чи гуноњњое ёфта, ихтироъ карда, ба њар шахси барояш душмангашта мечаспонад. Ва аз ин рў, озодманишону парастандагони ишќ — девсифатон маљбур буданд, ки барои њифзи муњаббати худ ин љои канорањояш пурхатари аз ободињо дур —Кахваредаро интихоб кунанд ва номи девзодагиро ба худ ва фарзандони худ бигиранд. Ва азбаски бисёре бо худ дорої — зару зевари захиракардаи худро меоварданд ва аслан аз ќабилањои обод буданд, мувофиќи завќи деринаи худ љое барои зист баргузида, аз њисоби захирањои худ ва агар касе захира надошт, аз њисоби ѓаниматњои љангї хонањои бароњат месохтанд ва дере нагузашт, ки Кахваредаи аз тохтутози кўчиён эмин ба як љойи зебову дилкаше мубаддал гардид. Фаќат як њолат ногувор буд, ки бар асари љангњои пайваста мардњо хеле љавон кушта мешуданд ва занњои дўстдоштаи онњо маљбур буданд, ки шоми танњои худро бо њузури дигар мардон гузаронанд.
Дигар ин, ки ишќ зуд пир мешавад ва пас аз се рўз, се њафта, се моњ, аз њама дераш се сол ишќи онњо завол меёфт. Занони дар ин давра аёлманд бо кўдакон овора мешуданд ва аз сабаби беморињо ва масъулият дар назди авлод ва ќонеъ шудан аз ишќи љавонї бо хонадорї ва нигоњубини чањорпову замини назди њавлї овора шуда, на танњо њарфи ишќро фаромўш мекарданд, балки душмани ишќу эњсос шуда, чун њама занњои муќаррарї як навъ дарди сари доимии марди собиќ ошиќашон мегаштанд. Ин, албатта, ба бархе аз мардони ишќ, ки ошиќї аслан пешае, шуѓле барояшон гашта буд, писанд набуд ва барќасди бадгўињои зани худ барои тоза кардани эњсоси дили худ мерафтанд дар љустуљўи зани ба дил мувофиќи дигаре ба назди њамдењагон ва дењоти дигари атроф. Ва барои бисёр касон муњим набуд, ки он зан боз дўстдори дигаре,  маъшуќи дигаре дорад, ё на. Девзодагони Кахвареда барои азхуд ва ром кардани занњои зоњиран зебои дењоти гуногуни атроф як навъ мусобиќа мекарданд. Ѓолиб њамон буд, ки бо миќдори бештари занони сабукпой ба висол расад. Баъзењо њисоби маъшуќањои худро гум карда, аз 70-80—тои онњо ном мебурданд, бархе дигар аз 700—800 зан гап мекушоданд. Занњои бешавњари муддате бечорагашта низ пас аз осуда шудан аз сўгворї болу пар кушода, дар ин мусобиќа аз мардњо ќафо мондан намехостанд.
Пизишк ин одати мардумони Кахвареда ва тинати занњои бешавњару озоди онро хуб медонист, вале њоло мањалли шунидани ќиссаи ин сўхтадилон набуд. Ва хулосаашро баён кард.
—Пас, таб дошт? Девбод бар ў сироят кардааст.
Дили Зардушт ба марди ошиќ сўхт ва дид, ки дили бемор заъфе дорад, варами андоми ўро аз асари сирояти бод донист. Онро он замон девбод њам меномиданд. Тани дар асл ќавї ва тањамтани бемор нољунбон буд. Аслан, худи ў хоњиши њаракат кардан надошт, дасту дил аз зиндагї шуста буд.
Ашу Зардушт барои рондани парасторони бењудагўй назаре бар атрофи бемор карду аз рўњия ва љањонбинии танги онон истифода карда, бо овози пурасрор гуфт:
—Мебинам. Мебинам…
—Чиро?
—Деви Насуро мебинам… Деви Заиричро мебинам… Девбодро мебинам… Деви Касвишро мебинам. Њама омадаанд, ки бар ањли ин хонадон чира шаванд…
—Чи бояд кард?
—Ба бемор наздик шудан мумкин нест. Деви Насу ва Девбод ба њар каси наздикшуда мегузарад.
—Эњ, бо гапи ин ошиќи фосиќ овора шуда, дастурхон накушодаем…
Зани Варешва ќиссапардозиашро бурида, њамоно аз љой бархест, бо бањонаи оростани дастурхон аз хона баромад ва пизишк дигар ўро надид.
Фурсатро ѓанимат дониста, Зардушт ба бемор гуфт:
—Ман њам сўхтадилам ва ќадри муњаббатро бидонам. Барои поси хотири Љайнї мебояд, ки аќаллан номи он бонуи зеборо дар дили худ зинда нигоњ дорї. То ваќте ки дар забону дили ту номи Љайнї зикр мешавад, ў зинда мемонад, бо ту мемонад. Ва барои он, ки Љайнї дар ёди ту, дар дили ту, дар зикри забони ту зинда бимонад, ту бояд сињати тамом ёбї. Барои он, ки шифо ёбї, бояд худат талоше бикунї, ки аз чанголи девон рањо шавї.
Ин гуфтањо ба бемори тањамтан таъсири аљибе кард. Чашм кушод, њаракати хестан карда нишаст, аммо сустие эњсос намуда, пояшро дароз кард. Зеро ки сараш чарх мезад ва дилаш бењузур шуд.
Пурсид:
—Мехоњам.  Аммо чора чист?
—Девонро аз вуљуди ту мебояд ронд.
—Аммо чї тавр? Ман барои девон мийазд додам,  як барраву ду хурўс ќурбонї кардам, аммо рањо нашудам.
—Барра ба худат зарур. Ту бояд оини покшавиро баљо оварї.
Ашу Зардушт ба худ андешид, ки равони ин бемор дар таъсири пуршиддати марги маъшуќааш ќарор дорад ва танаш олуда шудааст бо пайкари аз бемории сироятї фавтидаи бемор. Аз ин љо, оини покшавиро бо хондани мантраи варљованд ва покшўиро бо гумези буќќа салоњ дид.
Бемор розї шуд:
—Ман дар ихтиёри туам. Њарчи зарур аст, муњайё бикунам.
—Майдони холї иборат аз сї гом ва гумези буќќа ва чўбе нўњгирењ ва чумчае биринљї ё сурбї кофист.   
Бо амри бемор чањор ходим ба ихтиёри пизишк дода шуд ва онњо ба поёни шањрак рафтанд, ки он љо дуртар аз бошишгоњи одамон замини васеъ ва холї зиёд буд. Ходиме, ки дарзамон дар ин шањрак вазифаи пизишкиро иљро мекард, дар ин маросим иштирок кард, то ки дар љараёни он барои худ чанд маслињате пурсад.
Рањ ба рањ пизишк ба ходимон чи кор карданашонро фањмонд:
—Касе, ки бихоњад тани олуда ба мурдореро пок кунад, бояд гиёњонро аз рўи замини чањоргўшае ба густурдагии нўњ вибозу баркашад. Ин чањоргўша бояд дар он бахш аз замин бошад, ки беобугиёњтарин ва тињитарину хушктарин љои ин замин аст, ки рамањову галањо камтар аз он љо бигзаранд, ки оташ-писари Ањурамаздо дар он камтар барафрўхта гардад то дастањои барсами вижаи оин камтар ба-д-он љо бурда шавад, ки мардуми ашаван камтар аз он љо бигзаранд—сї гом дур аз оташ, сї гом дур аз об, сї гом дур аз дастањои барсами вижаи оин, сї гом дур аз мардуми ашаван.

22. ЗАРДУШТ ДАР МИЁНИ ДЕВЗОДАГОН

Чунин љойро ёфтан дар пањнои сарсабзу хуррами Орёно ќори мушкил набуд.
Пас бо ишораи пизишк гудолњо канданд.
Пизишк шарњ дод:
—Агар тобистон бошад, ба гавдии ду ангушт ва агар зимистону яхбанд бошад, ба гавдии чањор ангушт.Ва гудолњои дувуму севуму чањоруму панљумро низ њамон гуна бикананд: агар тобистон бошад, ба гавдии ду ангушт ва агар зимистону яхбанд бошад, ба гавдии чањор ангушт. Ин гудолњо бояд аз њамдигар як гом, як гом ба андозаи се пой аз њамдигар дур бошанд. Он гоњ се гудоли дигар ба њамон тартиб бикананд: агар тобистон бошад, ба гавдии ду ангушт ва агар зимистону яхбанд бошад, ба гавдии чањор ангушт. Ба андозаи се гом—нўњ ќадам дуртар аз гудоли пешин. 
Сипас пизишк барои пойбанд кардани девон ба кашидани шиёр бар гирди гудолон шурўъ кард ва гуфт:
—Пас бояд нўњ шиёр бикашанд: се шиёр гирдогирди нахустин се гудол, се шиёр гирдогирди нахустин шаш гудол, се шиёр гирдогирди охирин се гудол ва се шиёр гирдогирди њамаи нўњ гудол. Бояд дар њар фосилаи нўњпої сангњо ё сафолинањо ё кундањои дарахт, ё кулўхњо ва ё њар чизи сахти дигареро њамчун паллае бар сари гудолњо бигузоранд.
Пас аз он, ки гудолњо ва шиёрњо омода шуд, шом фаро расид. Бо амри Аша Зардушт беморро оварданд. Тани кўњпайкари он ошиќи бечора чун барги дарахт меларзид. Ўро дар байни наќша, дар нахустин гудоли барканда боздоштанд. Бо фармоиши Ашу Зардушт бемори нопок ба сўи гудолњо гом бардошт ва Зардушт дар канори шиёр биистод ва гуфт:
—Ман њоло Мантраи варљовандро бихонам ва ту низ њар як њарфи маро такрор бикун: Эй Маздо! Эй шањриёри бузург! Маниши неку равони ашаван ва ниёиши Арамаитї ва шўри  дил, њамаро ба сарои ту  меоварам то ту ба неруи пойдори хеш онњоро љовидона нигањдор бошї.
Ва бемори нопок бо душворї ин гуфтањоро бархонд:
—Эй Маздо! Эй шањриёри бузург! …Маниши неку равони ашаван ….
Бемор ё аз нотавонї ё аз эњсоси маѓшуше, ки ба чизњои муќаддаси худ—дев-эзадон хиёнат мекарда бошад, хомўш монд.
—Бихон,—амр кард пизишк.
—Наметавонам…
—Бихон, ки халосии ту дар хондани њамин вожањост.
—Забонам лол аст…
—Талош бикун, забонатро ба њаракат дарор. Ба забон рондани њар як аз вожагони ин ниёиш Ањриманро фурў кўбад, деви хашми хуниндирафшро фурў афканад, девони мазандариро дарњам шиканад, њамаи девонро ба сутўњ оварад ва Дуруљро нотавону нотавонтар кунад.
—Девон дев аз мо ќањр накунад?
Аша Зардушт мефањмид, ки девзодаро ба чї коре водор мекунад. Бинобар ин худ лањзае даступо хўрда шуд, вале худро фавран ба даст гирифта гуфт:
—Ин як маросими шифоёбист ва туро мебояд, ки ин лањза дар бораи саломатии хеш биандешї, то тавонї дар дили худ бонуи зебо Љайниро ёд бикунї. Бархон!
Боз њам номи зан дили Варешваро равшан кард, тору пуд, тамоми вуљуди ўро сўзонд ва ба њаракат даровард. Кош Љайни медонист, ки чунин маъшуќе дорад, ки њатто гирифтани номи ў як тањамтани аз зиндагї дастудил шустаро дубора зинда месозад, дубора ба зиндагї дилгарм мекунад, дубора марди тањамтан мегардонад.
Варешва Љайниро пеши назар овард.
—Бихон,—такрор кард пизишк.
Љайни гўё ба ў талќин кард:
—Бихон. Агар љовидонагии маро мехоњї, бихон.
Варешва беихтиёр такрор кард:
—…Маниши ашаван…ва ниёиши Арамаитї ва шўри  дил, њамаро ба сарои ту  меоварам, то ту ба неруи пойдори хеш онњоро љовидона нигањдор бошї.
—Офарин, —шод гардид Зардушт.
—Офарин, —гўиё такрор кард Љайнии хаёлї.
Пизишк ба ходим ишора карда гуфт:
— Њоло маросими покшавиро бо гумези буќќа идома дињем.
Сипас Спитмон Зардушт чўбе нўњгирењ гирифт ва чумчаи биринљиро бар сари он чўб баст. Ходим бо ишораи Зардушт бар тани он нопок гумез рехт.
Аммо бемор аз бењаракатии чандрўза ёрои ба њам задани дастро надошт. Гумез фаќат дасту сару рўи ўро тар карда ба замин рехт.
Пизишк Мантраро дубора бархонд ва хоњиш кард:
—Ай марди нопок, ай Варешва, нахуст дастњоро бишўй.
—Дастњоям ёрои њаракат надоранд.
—Ту тањамтанї, даст биљунбон. Агар дастњояш нахуст шуста нашавад, њамаи тани хешро нопок мекунї. Ба ёд ор бонуи зебо Љайниро. Гумон бар, ки худи Љайнии зебо ба дастони ту оби гарм мерезад.
Ходим боз бо чўби дарози дар сари он чумчаи сурбї њамоил карда гумез рехт. Ин дафъа бемор дар рў ба рўи худ мањбубаи љавонмаргашро тасаввур намуд ва дастњояш беихтиёр боло шуданд, ки ўро ба канор гиранд. Ин замон гумез аз чумчаи сурбї рехта шуд. Ва бемор дастонашро коњилона бишуст. Балки гумон кард, ки худи Љайни зебо бо хандањои баланди зебояш дастони ўро ба њам соиш медињад.
Њангоме ки дастњоро се бор шуст, ходим бар сари ў гумез бирехт. Ин кор осонтар буд. Пизишк маслињатњои худро барои ходим ва бемор чун мантра хондан гирифт:
—Њангоме ки гумез ба тораки сар бирасад, Дуруљи  Насу ба миёни абрувон мегурезад. Обро миёни аврувонаш бирез.
Ходим ба миёни абрувони бемор гумез рехт.
—Њангоме ки оби пок ба миёни абрувон бирасад, Насу ба пушти сар мегурезад.
Ходим ба пушти сари бемор гумез рехт. Ва њар љои дигаре, ки пизишк ном мебурд, ходим гумез рехтан гирифт.
—Њангоме ки оби пок ба пушти сар мерасад, Дуруљи Насу ба пеш, ба гунањо мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба гунањо бирасад, Дуруљи Насу ба гўши рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба гўши рост бирасад, Дуруљи Насу ба гўши чап мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба гўши чап бирасад, Дуруљи Насу ба шонаи рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба шонаи рост бирасад, Дуруљи Насу ба шонаи чап мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба шонаи чап бирасад, Дуруљи Насу ба зери баѓали рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба зери баѓали рост бирасад, Дуруљи Насу ба баѓали чап мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба баѓали чап  бирасад, Дуруљи Насу ба болои сина мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба болои сина бирасад, Дуруљи Насу ба пушт мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба пушт бирасад, Дуруљи Насу ба сари пистони рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба сари пистони рост бирасад, Дуруљи Насу ба сари пистони чап мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба сари пистони чап бирасад, Дуруљи Насу ба пањлуи рост  мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба пањлуи рост бирасад, Дуруљи Насу ба пањлуи чап мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба пањлуи чап бирасад, Дуруљи Насу ба сурини рост  мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба сурини рост бирасад, Дуруљи Насу ба сурини чап мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба сурини чап бирасад, Дуруљи Насу ба андоми наринагї мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба андоми наринагї бирасад, Дуруљи Насу ба пушти ў мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба пушту пеши ў бирасад, Дуруљи Насу ба рони рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба рони рост бирасад, Дуруљи Насу ба рони чап мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба рони чап бирасад, Дуруљи Насу ба зонуи рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба зонуи рост бирасад, Дуруљи Насу ба зонуи чап мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба зонуи чап бирасад, Дуруљи Насу ба соќи рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба соќи рост бирасад, Дуруљи Насу ба соќи чап мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба соќи чап бирасад, Дуруљи Насу ба ќузаки рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба ќузаки чап бирасад, Дуруљи Насу ба пошнаи рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба пошнаи рост бирасад, Дуруљи Насу ба кафи пои рост мегурезад.
Ва дар он љо он чи аз ў ба чашм меояд, њаммонанди боли магасест.
Пас бояд нопок ангуштони њарду поро ба замин бифишорад ва пошнањоро боло бигирад, то бар кафи пои рости ў  об бирезанд.
Њангоме ки оби пок ба кафи пои рост бирасад, Дуруљи Насу ба кафи пои чапи ў мегурезад. Пас бояд бар кафи пои чапи ў об бирезанд.
Њангоме ки оби пок бар кафи пои чапи ў бирасад, Дуруљи Насу ба сарангуштони пои рост мегурезад.
Њангоме ки оби пок ба сарангуштони пои рост бирасад, Дуруљи Насу ба сарангуштони пои чап мегурезад.
Пас бояд пошнањояшро бифишорад ва сарангуштонро боло бигирад ва бар ангуштони пои рости ў об бирезанд.
Сипас Дуруљи Насу бо пайкари магасе виз-визкунон бо зонувони аз пеши думи аз пас баромада њама тан олуда ба олоишњо, њамчун палидтарин храфастрон ба сарзаминњои Апохтар вопас мегурезад.
Тањамтани бемор, ки чандин рўз нољунбон хобида, баданаш карахт шуда буд, аз ин њаммоми гарм бо гумез як сабукии роњатбахшро дар тани худ эњсос кард.
Пизишк фармуд:
—Пас бар туст, ки ин пирўзмандтарин ва чорабахштарин божро аз бар бихонї: Эй Маздо, ба-д-он њангом, ки дурванд озурдани маро камар мебандад, љуз Озар ва Маниши неки ту, ки Аша аз кирдорашон коромад мебандад, чї кас маро паноњ хоњад бахшид?
Бемор божро такрор кард.
Пизишк фармуд:
—Акнун бар сари нахустин гудол биист. Бар сари нахустин гудол нопок аз Насу озодтар шавад.
Бемор амри пизишкро иљро кард.
Пизишк боз талаб кард:
—Пас  ин суханони девафкан ва бисёр дармонбахшро ба бонги баланд бихон:
Эй Маздо! Эй Спандармад!
Моро аз кинтузии душманон нигоњ доред.
Эй Дуруљи девхўй!
Нобуд шав!
Эй девзодагон!
Нобуд шавед.
Эй Дуруљ!
Дур шаву бимир!
Эй Дуруљ!
Аз ин љо бигурезу дур шав. Ба сарзаминњои Апохтар дур шаву бимир. Мабод, ки ту љањони астуманди Спандменуро нобуд кунї.
Бемор дар хондани ин суханњо душворї кашид. Охир девонро бояд ронд. Њол он ки то имрўз ононро ниёиш мекарданд. Вале боз ба худ андешид, ки њоло мањалли ин гуфтугўй нест: танаш пурфасод, тар аз гумези буќќа, вале дар њар ќадам бењбудие эњсос мекунад. Дар хаёлаш Љайнии хушханда ба њоли ў ќоњ-ќоњзанон механдид ва шодї мекард. Ў њам фармоиши пизишкро такрор кард:
—Бирон девњоро. Бирон. Бирон.
 —Ба хотири шифо ёфтан, ба хотири он, ки мадоре пайдо кунаму равам ба сари хоки мањбубаам Љайни…Эй Маздо! Эй Спандармад!
Моро аз кинтузии душманон нигоњ доред.
Эй Дуруљи девхўй!
Нобуд шав.
Эй девзодагон!
Нобуд шавед.
Эй Дуруљ!
Дур шаву бимир!
Эй Дуруљ!

Бар сари дувумин, севумин, чорумин, панљумин, шашумин гудолњо низ чунин хониш такрор шуд.
Пас аз он бемори нопок дар даруни шиёрњо, чањор ангушт берун аз шиёрњои шаш гудоли нахустин биншаст.
Пизишк фармуд:
—Понздањ мушт хок баргир ва бар тани хеш бимол.
Дар он љо бемор мувофиќи фармоиш понздањ бор аз замин хок баргирифт ва тани хешро бо он хок бимолид.
Пизишк фармуд:
—Акнун чандон диранг бикун, ки тани ту то вопасин мўи тораки сарат хушк шавад.
Бемор эњсос кард, ки бо тани аз гумез таршудаи бо хоки пок молида дар зери офтоби на чандон ба ќиём омада истодан барояш басо роњатбахш аст.
Њангоме, ки тани ў хушк шуд, бар сари гудолњои об биистод.
—Бар сари нахустин гудол тани худро як бор бишўй. Бар сари дувумин гудол ду бор ва дар гудоли севумин тани худро се бор бо об бишўй.
Бемор гуфтаи пизишкро иљро кард. Ба худ боварї надошт, чанд соат пеш маљоли дасташро ба даст расондан надошт, вале њоло худ тани худро бишуст. Ва њар дафъа кор барояш осонтар шудан гирифт. Гўиё баробари шустани бадан аз тамоми касифињои девон озодтар мегашт.

Ходимон хушбўињои зиёде оварда, дар берун аз хати шиёрњои охирин гузошта буданд. Сипас бо фармоиши пизишк бемор тани хешро бо хушбўињое чун урвасни ё воњугана ё воњукерети ё њаданаепта хушбўй кард.
Ба бемор љомањои тоза доданд.
—Њоло метавонї ба хонаи худ баргардї. Вале бояд дар даруни хона, људо аз дигарон се шаб бимонї, набояд ба обу хоку чорпоён ва дарахтону ашаванон, хоњ мард хоњ зан, наздикї кунї.
—Хуб.
—Офарин.
—Офарин бар шумо, пизишки доно ва тавоно…
Бемор ба неруи навпайдояш бовар намекард, бо эњтиёт чанд ќадам гузошт. Шод шуд. Шењаи аспе аз дурї садо дод. Варешва саманди бодпойи худро дида, аз шодї фиѓоне кард монанд ба шењаи аспон. Аспи омўхта тозон назди соњибаш омад.
Пизишк ин њолро дида гуфт:
—Ин мумкин нест. Пас аз гузаштани се шаб тани хешро бишўй ва пўшоки худро бо гумезу об бишўй ва пок бикун. Пас дигарбора даруни хона, људо аз дигарон шаш шаб бимон, набояд ба обу хоку чорпоён ва дарахтону ашаванон, хоњ мард хоњ зан, наздикї кунї.  Пас аз гузаштани шаш шаб тани хешро бишўй ва пўшоки худро бо гумезу об бишўй ва пок бикун. Сипас боз нўњ шаб даруни хона, људо аз дигарон бимон. Пас аз гузаштани нўњ  шаб тани хешро бишўй ва пўшоки худро бо гумезу об шуста пок бикун. Аз он пас ту метавонї ба обу хоку чорпоёну дарахтону ашаванон—хоњ марду хоњ зан наздик шавї…
Бемор сухани пизишкро то охир гўш накарда, бо як љаст ба асп савор шуд ва бо пойњояш ба шиками асп заду гуфт:
—На, он љо мебояд рафт.
Ва то ходимон ба њуш омаданд, ки аспи омўхта ўро аз назарњо дур бурд. Чанги аз зери пойи асп бархоста чун хате дар њаво бозмонда, ишорат мекард, ки бемор ба дењи њамсоя рафт.
Ашу Зардушт фармуд, ки љомањои пешинаи беморро бо гумез бишўянд.
Аммо ходим гуфт:
—Инњоро ба оташ мебояд партофт. Љомањои ў зиёд аст.

Ашу Зардушт аз натиљаи ин табобат шод шуд, зеро ки дар асли табиати ин девзодагони зояндаи тарсу вањм ва мардумизодагони оддї фарќе надид. Ва боз набарди девону изадонро ба ёд оварду андешањояш ўро ба љойњои дур бурданд.
Варешва ба хокдони маъшуќаи худ Љайни рафт, Аша Зардушт ба мулки ростиву покиву ашавани Ањура Маздо. Дар љараёни муолиља ва муайян кардани роњи табобат ба сарони авлодњо ва пањлавонони мардуми Кахвареда аз Маниши нек ва ба кирдори девсори раќибон њамроњ нашуданро зикр намуд. Инро шарти халосї аз беморињо дид.
—Мо њама гунањгор зода шудаем, бо гуноњ мемирем, —навмедона њасрат кард пирмарде.
—На,-гуфт Зардушт.—Тухмаи одамї аз осмон омада, беолоиш аст. Ва моро мебояд, ки ин покизагиро њифз кунем.
—Чи тавр?—ин савол боз њам навмедонатар садо дод.
—Агар њар фард роњи зиндагии худро мувофиќи њидояти Офаридгори Яктои њастї баргузида, дар њаёт бо дастури Бањман—пиндори нек ва гуфтори нек, бо хираду дониш ва бо дастури Урдибињишт – кирдори нек—дар њар кор ростї, дурустї, покию порсої, тартибу интизом зиндагї кунад, бо дастури Спандормаз нисбат ба њамкасони худ мењру муњаббат, садоќату намакшиносї зоњир намояд, ба пирўзию сарфарозї ва неру ва иќтидори амшоспанд Шањривар ноил шавад, барои худ камолоту комёбии ашавандонаи Амшоспанд Хурдод ва љовидонию номи бемаргии Амшоспанд Амрдодро дарёфт хоњад кард.
Марди девсурате, ки як чашмаш бар асари захми шамшере канда шуда, бо сари бемўй ва риши думўйи мошубиринљаш симои зишти нафратангезе дошт ва њамеша дар даст санги чаќмоќ дами шамшери худро тез мекард, коњилона, бо тањдиду зўрї ва тањќир, бо садои нофораме пурсид:
—Эзадон зиёданд, ман якто. Ку даме, ки ба сарваќти кори эшон расам? Ва ку имконе, ки нафаќаи аёлу фарзандонро таъмин кунам? Бо ин тоќате, ки надорам, на ин тавонам кунам, на он, на чунину на чунон.
Ашу Зардушт бо њамон назокату зебої суханашро давом дод: 
—Парешонию зиллати ин љањон сармояи обрў ва эътибор дар љањони дигар нахоњад шуд. Дар рўзи вопасин музд ба касе бахшида хоњад шуд, ки аз партави кўшиши хеш заминро обод ва мардумро шод месозад.Он кас, ки аз партави кору кўшиши хеш мояи хушї ва осоиши дигаронро фароњам овард, худ низ аз кору кўшиши дигар њамкасон ва эзадон бањраманд гашта, дар хушию осоиш буд.
—Ба ман ягона чизе, ки аз осмонњо расидааст, њамин шамшери зангзадаи кунд аст, ки њар рўз тезаш мекунам, имрўзу ояндаи ман дар дами тези њамин  оњанпораи зангзадаи хунчакон аст.
—Эзадон ба мардумон хонаводаи бузург, хонаи обод, фарзандони фаровон, асбњо, гардуна, гала, рама, заминњои њосилхез ва ѓизоњои гуногун пешкаш мекунанд. Шумо пайвандони ниёгоне њастед, ки дорои ќасрњои садсутун, бистарњои муаттар, чархњои дурахшони гардунањои хурўшанда, асбњои маст, тозиёнањои танинбарандоз, теѓу тир, гурзу найза, худи заррину љавшани симин, либосњои фохиру зарбофт, тољу гўшвораю дастпонањои гавњарнишонанд. Зиндагиро њаќир нашмаред. Нодорию  бадбахтии кунунї шарти хушии оянда нест, аз тамоми лаззатњои дунявї иќбол бояд кард ва кулли он чиро ки аз он фоида ва суде мерасад, дўстдору хостор бояд шуд. Ва сарвати гетї њамон ваќт дархури шумо хоњад шуд, ки Шумо дархури одобу ахлоќи волои менуї шавед. Ва њар он ки зидди ин дастур амал кунад, агар кўњи ганље биёбад, бар ў бахту шодї наоварад, агар њар рўз мањфили зебое офарад, шом бо нолаи дилу љигари бирён замину осмонро ба сар хоњад зад.
—Ман ба корњои нек фурсат надорам, —эътироз кард девзодаи дигаре, ки якраву ќотили берањм буданаш аз чашмони хунгирифтаи ў аён буд.—Мекушам, месўзонам, меканам, —ин аст кафолати серию пурии ман.
Аша Зардушт гуфт:
—Офаридгори яктои њастї —роњбару рањнамои инсон њам дар љањони моддї њам дар љањонї менуист. Худованди бузург замин ва тамоми баракати моддиро падид оварда дар ихтиёри инсон гузошт ва аз мардумон хоњиш намуд, ки дар пиндор, рафтор, кирдор, одоб, ахлоќ аз вай пайравї карда, заминро шодобу обод ва зиндагиро хушу хуррам созанд. Нуру таљаллие, ки аз Ањурамаздо ба замин сарозер мешавад, мамлу аз хайру некї ба инсон аст ва мардумонро фаќат дар љодаи ростию дурустї рањнамої мекунад. Аз ин рў, ваќте ки инсон падид меояд, худованд дар умќи ботини ў расулоне љойгир мекунад, ки вайро тамоми умр њамроњї карда, фаќат рўзи фавт аз ў људо мешаванд. Ана њамин неруи расули худовандї дар дили њар як инсон виљдон—даена аст. Ва агар њар шахс дар тўли зиндагии худ мутобиќи амри виљдон амал кунад, дар њарду љањон некбахту комраво хоњад шуд. Ва ту бо ин оњани зангзада офаридањои худовандро нобуд карда чи сон аз офаридгор шодї умед мекунї? Љавоби нобудкунї—нобудї, марг, хориву зиллат аст. Дар вайронањои дару девори сўзондаат бахт љустан аљаб аст, аз куштагонат оњанги хуш умед кардан Аљаб аст, аз пайвандони куштагонат, ки дањон пур аз хуну риму бо оњу фиѓон зиндабагўрашон мекунї, њарфи нек, дуои неку шодмонї љустан аљаб аст.
—Мо девзодагонем, кори мо њамин аст,—эътироз кард марди шамшербадаст.
—Пас чаро аз эзадон умеди бењї дорї? Девзода агар ба роњи нек гаравад, давлати ањурої хоњад ёфт. Вагарна, чун њама девон њамеша норозї, бо њазор дорої дилношод, бо њама давлату шукўњ пур аз дарду алам, бо њазорон маъшуќаву ходимони чун њуру ѓилмон танњо ва пурѓам хоњї монд. 
Зантупатии Кахвареда эътироз кард:
—Бо падид омадани Ањриман шаб эљод шуд, зимистон омад, бодњои сарду гарм ба вуљуд омад. Ў ба табоњ кардани офаридагони Ањурамаздо пардохт ва бо махлуќоти ў бинои зиддиятро гузошт.
—Ањурамаздо ба Ањриман гуфт: «Замонеро таъин бикун, то ин ки пайкор барои 9 њазор сол бошад».
—Пас, то ин 9 њазор сол њама кўшишњои мо бењуда аст. Ва мо парастиш кунем Ањриманро, ки шоњи њарду љањон њоло ўст.
–На, Ањура Маздо огоњ буд, ки дар ин 9 њазор сол се њазор сол ба коми ўст, 3 њазор соли омезиш ба коми њардуст,  дар се њазор соли фарљом Ањриман аз пой даромада, аз зиёни ў љилавгирї ба амал ояд.
—То замоне, ки ин пайкор ба поён нарасидааст, Ањура Маздо наметавонад дар ашёву умур бо хости худ сарнавиштро таѓйир дињад.
—Вале бо хиради њамаогоњї ва дониши мутлаќ аз гузаштаву оянда огоњ ва ба њама кор ќодир аст. Фаќат моро мебояд, ки дар кори нек диранг накунем ва бо њамин дар кори Ањура Маздо ёвар шавем.    
—Некї хуб аст, Вале ќавми моро аз љанг гузир нест. Танњо бо неру ва тавонгарї ва сарвати беинтињо мардум аз мо битарсанд…
—Зиддият, муноќиша, љанг бо хислати худовандї ва табиати офаридаи вай –инсон мувофиќат намекунад. Асоси зиддият—уюбу хисоли зишттарини инсонї—кина, њирс, рашк, дурўѓ, тамаъ, хашм, худхоњї аст. Касе ки тањти ин неруњо ќарор мегирад, аз сафи парастандагони Ањурамаздо хориљ шуда, бо Ањриман мепайванданд. Роњи њалли љангу низоъ созиш ва муросост. Аз ин љост, ки мебояд чунин гуфт: -«Меситоем дини неки маздопарастиро, дуркунандаи љангро, ба замингузо-рандаи љангафзорро, хешидињандаро, покро, барои онњое, ки њастанд ва низ онњое, ки хоњанд буд.»
Дањйупати розї шуд. Вале дар дил гуфт, ки аз ин рањ ба ў фоидае нест.
—Мо тарафдори њам эзадону њам девонем, новобаста ба он ки кадомин нек аст, кадомин бад. Мо аз девони худ шикоят надорем. Аммо барои мо мушоњида кардани њоли дигарон ва таъсири девону изадон дар сарнавишти онњо бас аљиб аст.
Девзодагон як-як, љуфт-љуфт майдонро тарк карда, њарки бо ташвиши њаррўзаи худ банд шуд. Марди мањзуни шамшербадаст, албатта, аз ин бањс чизе нафањмид ва норозиёна ѓур-ѓур кард:
—Девзода њам бошам, аз хўрдану нўшидан чора нест. На деву на эзад—њељ кас ба ман чизе надињад, то худам дасту по назанам, шамшер аз наём барнакашам, сари касеро аз тан људо накунам.
Суврва ўро ба манзили сарвари дења роњнамої кард.
Зардушт ба ў гуфт:
—Ин мардум бењад коњилу танбал шудаанд.
—Аз чї донистї?
—Аксари шунавандагони имрўза гуфтаи маро ба таври худ фањмиданд, ё махсус худро ба нодонї заданд, то пинаки худро вайрон накунанд ва барои иваз кардани роњи нодурусти пешакардаашон худро зањмате надињанд.
—Гуфтори ту ба роњи њаётгузаронии онњо мухолиф буд. Охир девзодаанд онон!
—Худоё, сарнавишт маро куљо овард пайи тарѓиби некиву эзадони нек!?
—Ту бояд офарин бигўї, ки девзодае наошуфт ва бар ќасди ту барнахест, ки ниёгони девзодаи онњоро накўњиш ва инкор мекардї.
—Рост. Чаро ба шўр омада барнахестанд? Ба хотири мењмондорї?
—Ин њам њаст, вале суханњои ту ба дили онњо писанд омад ва зидди гуфтањои ту далеле наёфтанд. Дар байни ин мардумон њам донишмандону равшандилон њастанд. Аммо табиати кору рафторашон дигар шуда, ба чунин њаёту зиндагї одат кардаанд.
Дар рањи бозгашт Аша Зардушт ба Суврва таъкид кард:
—На, мардумон дар интихоби њар амал, роњи зиндагї ва фаъолияти рўзмараи худ комилан озод буда, ин ё он роњро мутобиќи дониш, биниш ва фањмиши худ интихоб мекунанд. Роњи хубу нек, ки Ањура Маздо ба њар фард пешнињод мекунад, бењрўзию рифоњи ў ва роњи фазоишу ободонии љањони моддї буда, сарчашмаи осмонї дорад ва пўшоки он аз сахрањои сатњи коинот аст. Касоне, ки кор мекунанд ва зањматро пешаи зиндагии худ кардаанд, дар љараёни кор таљрибаи кофї андўхта, хубро аз бад, њалолро аз њаром, Ростиро аз каљї тафовут мегузоранд ва Андешаи некро интихоб мекунанд. Зањмату кор бо ростию дурустї василаи ягонаи рифоњу осоиши инсон ва ободонии љањон аст. Аз ин рў, касе, ки хоњони рифоњу осоиши худ ва хушнудии Маздост, амалу кирдори некро бармегузинад…
Зоњиран њанўз дар њамон даврони бостон, шахсоне вуљуд доштанд, ки ќавонини Ањуроиро ба хубї фаро гирифта, вале танбал, беѓайрат, мардумфиреб, коргурез, суханфурўш ва ѓайра буданд. Худованд безории худро аз чунин афрод иброз дошта, ононро ба сафи парастандагони худ шомил намекунад. Пас, фаќат омўзиш ва зањмату кор инсонро суфтаю дигаргун сохта, дар андеша ва гуфтору амали вай тањаввалу такомул падид меоварад.
—Чи кунам,  ки ба роњи некї равем?
—Аз кори бад маяндеш, ба забон наор ва дасту пойи худро ба раъйи бад мабар.
—Ман чї донам, ки бадї чисту некї кадом?
—Он, ки рўзи Бањром бо одамони худ ба мањалли Варданак меравї ва оташ меафрўзї, ба њаёти касе хатар эљод мекунї. Магар ин хуб аст?
—Аз ин амал ба мо дурусте зар расад.
—Аммо бар ивази ин садњо мардони далер кушта шаванд, њазорон хонањо оташ гиранд, модарон кушта шаванд, боз њазорон тифлони бегуноњ ятим монанд.
—Охир куштан, ѓорат кардан, шикастан, буридан мароми њастии мост.
Вале бо вуљуди ин, аз ин гуфтор, ки ба мантрадармонї монанд буд, дар сари Сувра њам чизи наве пайдо шуд. То он лањза ўро њисси ќањрамони халќ будан ором мекард. Вале њоло бори аввал ў зиштии шуѓли худ ва дарду ранљи бар сари дигарон овардаашро дарк намуд.
Зардушт ба хулосае омад, ки шуѓли мардумон ба мавќеи онњо таъсири фавќулодда мебахшад. Хулќи девзодагони Кахвареда аз он зишт аст, ки шуѓли зишт доранд, шикастану сўхтану кандану буридан аст, на сохтану сомону осоиш бахшидан.
Пас илњоме аз ѓайб даррасид ва ба як саволи худ љавоб ёфт:
—Ай офаридгори љањони поки моддї, таѓзияи ойини маздаясно аз чист?
Он гоњ гуфт Ањурамаздо: «-Ай, Спитмони Зардушт, ойини маздаясно ваќте таѓзия ёбад, ки мардум бо ѓайрату кўшиш гандум бикоранд, касе, ки гандум мекорад, ба ин мемонад, ки  Ростї меафшонад ва дини маздаясноро пеш мебарад”.

Таълимоти ахлоќї ва динии Зардушт роње буд, ки пайравонашро ба зинаи баландтари тамаддуни башарї њидоят мекард. Тарѓиби яккахудої ва болотар гузоштани Ањурамаздо аз тамоми эзидону фариштањо, ќабл аз њама ѓояи таъсис додани давлати ягона, мутамарказ ва тавоноро пеш гузошта, муттањидшавии ќавму ќабилањои парокандаро тањти як маќсади умумї–зиндагии  тинљу осудањолона, рўзгори пурсаодат, мењнату созандагї ва ѓайра њадафи нињоии худ медонист.
Унсурњои гузаронидани намози панљваќта дар давоми рўз ва ситоишу ниёиши Яздони пок низ аз замони Зардушт ибтидо ёфтааст. То расидани оини зардуштї, аз рўи аќидаи авестошиносон, дар миёни пайравони оини собиќаи маздопарастон њангоми тулўи хуршед, нимрўзї ва лањзањои ѓуруби он ситоишу ниёиши офтобу оташ маъмул будааст. Зардушт ба ин оин баъзе суннатњои иловагиро афзуда (тањорат кардан, љои тоату ибодатро пок доштан ва ѓайра), пайравони худро ба покиза доштани љисму рўњ талќин менамуд. Бад ин васила тарафдорони ў соњиби панљ ваќт намоз шудаанд. Аз эњтимол дур нест, ки њомиёни дини ислом њам аз ин таќсимоти дини зардуштї халлоќона истифода бурданд.
Баъзе унсурњои дини зардуштї, аз ќабили макрўњ накардани обу хоку оташ, амали носавоб донистани  куштани чорвои наврасу дуљон, гуноњ донистани дар айни нашъунамо ё њосил буридани шохи дарахт, ба хонаи арўси нав ё тифли навзод роњ надодани каси шумќадаму баднафас, танњо нагузоштани арўсу домод њафтањои аввали хонадорї, дуд кардани њазориспанд барои рафъи љуку љонзод ва дањњо мисоли дигар аз он гувоњї медињад, ки имрўз њам Зардушт бо оини ростину маниши неку зикри амалњои хайраш дар њар хонадони миллати фарњангдўсту хирадпарвари  тољик ошён дорад. 

23. ТАНГНОИ ВАРДАНАК. БЕДОР
ШУДАНИ ВИШТОСП

Пас аз гузаштани як поси шаб Виштосп бо њамроњонаш ба Варданак расид. Аз дур оташњои барафрохтаро дида, шод гардид:
—Нињоят, њокиме бар ањди худ устувор дидам.
—Ин бегоњ моро барракабоби њаќиќї интизор,— шўхиомез гуфт Бендва.
Инони аспњоро ба љониби оташистон ронданд.
Чун наздиктар рафтанд,  Фрашаоштра ишора кард, ки биистанд.
—Ин хомўшї ѓайриоддист. Чаро оташдињандагон ин ќадар хомўшанд?
—Дар хобанд, —пешгўї кард Бендва.
—Чаро паррандаю чарранда, хазандагони ин водї хомўшанд?
—Шояд макре андешидаанд.
—Фрашаоштра, —киноя кард Арштод.—Ту љавони оќилї, аммо марди љангї нестї ва аз њар чї тарсидан мегирї. Мо, ки пањлавон ва сарсупурдагонем, аз чизе бок надорем.
Арштод асп давонда пештар рафт ва бо наъраи худ хомўшии водиро вайрон кард:
—Шањзода Виштоспро ќабул кунед!.
Дар торикї садои парвоз ва ба чизи мулоиме расидани тири камон ва шињаи дардомези аспи Арштод баланд шуд.
Дигарон истоданд
 Фиѓони Арштод хомўширо пора кард.
—Хиёнат!? Ин љо чоњњо кандаанд!
Онњо њамагї панљоњ ќадам дуртар аз чоњњо меистоданд.
Бе гап, бо ишораи Виштосп шамшерњо аз наём баркашиданд.
Фиѓони девзодагон барои дар дили њарифон тарс андохтан ѓулѓула афканда водиро пур аз ѓавѓо карданд:
—Кист, ки ба Девони Кахвареда баробар ояд? Биё ба сўи марги худ!
Аммо њамроњони Виштосп ё аз ин девзодагон ноогоњ буданд, ё аз ѓурури љавонї аз чизе боке надоштанд ё худ аз њељ кадом деве камї надоштанд, ки бе сухан ба куштану буридану шикастан гузаштанд. То субњ љангиданд. Аз куштањо пуштањо баланд шуданд.
Сурва дид, ки илољ надорад, сулњ баст.
Маслињат шуд, ки девзодагон ба хонањо бармегарданд ва одамони Виштосп ба Кахвареда надаромада боло мераванд.
Виштосп ва Фрашаоштра бо мулоиматї аз Суврва сирри ин набардро пурсиданд ва Суврва дилаш ба шањзодагон сўхта, ошкор кард, ки њама бо маслињати Арљосп ва Айурвайтодинг—шањони кишварњои ба онњо ваъдаи дўстиву њамкорї дода мебошад.
Фаќат њоло шањзодагон фањмиданд, ки чи хатаре бар сари онњо бор аст.

Чун аз масофи девзодагони Кахвареда озод шуданд, Виштосп фањмид, ки онњо мањз бо дасисаи душманони дўстнамо саргардонанд. Ќарор дод, ки аз ин пас ному насаби худро нињон кунанд. Хост, ки њамроњонро аз роњ гардонад, аммо дид, ки ин кори мушкилест, бо њилла гуфт:
—Моро мебояд ба чанд гурўњ таќсим шавем. Як гурўњ бояд ба Бохтар баргардад ва аз номи њамаи мо узр пурсад. Гурўњи дигар аз пайи дарёфти ќуте ба шањр рафта, ба коре машѓул шавад. Ман њамроњи Фрашаоштра ба назди њоким равам ва он вазири бо мо савгандхўрдаро дарёбам. 
Ба њамин њиллањо одамони худро ба чанд гурўњ људо карду ба мењан бозпас фиристод ва худ њамроњи вазирзода рањи шањри дигарро пеш гирифт.

24. НАБАРДИ ЭЗАДОН. АЊУРА МАЗДО

Дар дили шаб дар кулбаи сангини воќеъ дар буни ѓори кўњи сангї Аша Зардушт ба тафсири масъалањои муњимтарин идома бахшид. Дар гўшае оташгоњ, дар тоќњои сангин муљассамаи олињањои гуногуни замони пешдодиён гузошта шудааст. Дар рўи санги калони байни кулба, ки ба љои миз хидмат мекунад, шамъдони бузург ва гирди он китобњои зиёде бо хати ќадимаи мехию хондабира, диндабира ва наќшањои гуногуни кайњон, хуршеду мањтоб, ситорањо, кураи Замини монанд ба зардии тухми дар байни сафедобањо љой гирифта,  рамзњои њаштгўша, салиби шикаста ба рамзи чор охшиљи ба њам майлкунанда-оташу обу хоку бод.
Аша Зардушт бо паргор наќшањои навро тарроњї кард, ба фикр фурў рафт. Ў дањ сол инљониб асрори замону инсонро мељўяд. Ў дар наќшањо њаракати гардиши хуршед, мањ, ситора ва њаракати халќњо ва дар њамзистиву муќобилаистии чањор охшиљ равону тан, хуну сафрои инсонро мебинад, ки њаёти зиндаро ба вуљуд овардаанд. Ў зимни наќшањо чиро мебинад?— Кайњони пурситора. Замини пурасрор. Њаракати халќњои ориёї аз шимол ба љануб, аз шимол ба ѓарб ва шарќ.
Зардушти Спитмон ба ќаъри замон менигарад, то сабабњои падидањои имрўзаро дарёбад. Аша Зардушт бо паргор наќшањои нав мекашад. Ў наќшаи чор охшиљро бо ду хати рости њамдигарро бурида кашид, назаре ба наскњо—чармнавиштањои ќадима карда, бо суръат чандеро вараќ зад, ба осмон назар кард, сипас њаракати нўги гўшањои чалипоро ба сўи њамдигар бо хати шикаста идома дод. Наќши салиби чалипо ба вуљуд омад. Гўшањои онро ба њам пайваст, наќши њаштгўша падид омад. Њамаро бо хати рост пайваст, давра ба вуљуд омад.

   —Эй Худои Доно, ту, ки њамвора оини Ростиву Маниши некро устувор доштаї, маро чунон биёмуз, ки андешањои хирад ва гуфтањои забони туро бозгў кунам. Хостам омўзишњоест, ки аз онњо бењтарин зиндагонї падид омадаст. Инак аз ту мепурсам, Худоё, маро ба дурустї огоњ соз. Чї касе нахустин офаранда ва падари ростї аст? Чї касе барои Хуршед ва ситорагон роњро устувор карда? Аз кист, ки Моњ меафзояду мекоњад? Худоё, маро ба дурустї огоњ соз. Кадом њунарманде рўшноињо ва торикињоро офарид? Кадом њунарманде хобу бедориро офарид? Чї касе бомдоду нимрўзу шабро офарид, то андешамандон њамвора ба ёди корњои худ бошанд?
Аша Зардушт назаре кард ба даври осмон, ба даври мањтоб, ба даври замини тухммонанд. Пеши назараш омад гирдии рўи модар, гирдии рўи одамон, гирдии нон, гирдии чархи ароба, гирдии санги осиёб, гирдии сипар…
Сипар ва шамшери зангзадаи девсори Кахвареда дар тасаввури ў бисёр падидањоро пахш кард ва фикрашро љои дигар бурд.
—Моро ба чї, аз барои чї офаридаанд? Мо аз куљо омадаем? Ба куљо хоњем рафт? Мухолифати талошњо ва хостњои мардумон аз  чист?
Пеши назари Зардушт манзарањои гуногуни зиндагї падид омад
Марде шамшери худро бо санги чаќмоќ тез мекунад.
Марди дигар доси худро барои дарави гандум санг мезанад.
Марди шамшербадаст назди бути Ањриман истода ниёиш мекунад.
--Маро кушоиш дењ, дами шамшери ман тез гардон, то сари душман чун об бибуррад…
Кишоварзи досбадаст ба бути ифодагари Замин саљда мекунад:
 –Маро кушоиш дењ, кишти маро серњосил гардон..
Заргаре устодона гўшворањои тиллої месозад, сипас дастаи корди зебо—акинаки нуќракўбро хотамкорї карда, ба он сангњои ќиматбањо мешинонад. Ва назаре бар бути оњан намуда ниёиш мекунад.
—Маро кушоиш дењ, Ањура Маздо…
Нуре аз осмон падид омада, ба умќи андешањои ў равшанї бахшиданд ва ба саволњояш љавоб гуфтанд.
Зардушт њамаро мебинад. Вале саволњо зиёдтар мешаванд
 —Чаро мардумон њам барои пиндори нек ва њам пиндори бад аз эзадон кушоиш металабанд?
—Чаро чунин беадолатист? Чаро яке зањмат мекашаду кишт мекунад, дигаре ба моли ў соњиб мешавад? Аз дастони тиллоии заргар њам гўшвораю нигини зарин мебарояд, њам акинаки хунрез?
Идомаи мантиќи кори ин се мард пеши назараш таљассум мешавад:
Досбадаст гандум медаравад.
Шамшербадаст бо тамоми ќувва шамшер мезанад.
Сари дењќон мепарад.
Гандуми бо зањмат парваридаи дењќонро шамшербадаст мебарад. Гўиё дар халтаи ў ба љои гандум сари дењќон аст…
Деви падид омада шамшербадастро бо гурзи гарон зада, сари ўро паљаќ кард.
Зардушт ба худ савол дод:
— Инак аз ту мепурсам, Худоё, маро ба дурустї огоњ соз. Чї гуна динеро барои худ тоза созам, то ки Худованди Шањриёрии судманд меомўзад ва монанди ту, эй Доно, бо шањриёрии воло ва Ростиву Маниши нек дар даргоњи Худої бимонам?
Боз пеши назари Аша Зардушт манзараи набардњои шадиди эзадон, Зарвон—замони бекарона, писаронаш Ањура Маздо ва Ањриман ва замони каронаманд љилвагар шуд. Ањриман фармонравои љањон шуд ва Ањурамаздо ба ёрии ниёиш карданњо саранљом бар ў чирагї хоњад ёфт.
Ањура Маздо дар давоми як сол шаш маротиба бо кори офариниш машѓул шуда, осмон, об, замин, гиёњон љонварон ва мардумонро њастї бахшид. Ва њар як аз ин бори  офариниш номи људогонае дорад, ки бо номи љашни шашгонаи Гањанбор машњур аст.
 Нахустин Гањанбор ба номи Маидйузарем –офариниши осмон.
Дувумин Гањанбор ба номи Маидйушам –офариниши об.
Севумин Гањанбор ба номи Патйашњим –офариниши замин.
Чањорумин Гањанбор ба номи Айасрем –офариниши гиёњон
Панљумин Гањанбор ба номи Маидйарем –офариниши љонварон.
Шашумин Гањанбор ба номи Њамаспадмадам –офариниши мардумон.
Пас аз он ки љањон шакли зебои моддї ба даст овард, Худованд нигини заррини худ – инсонро офарид. Мутобиќи ривоятњо ана дар њамин маврид Ањриман гўшае аз осмонро шикофида, вориди замини Ањураофарида гардид ва ба њар куљое, ки ќадам гузошт, сояи зишти худро афганда, агар хок бошад, ба биёбон ва агар бањр бошад, ба шўроб мубаддал кард. Дар адёни дигар девону ифротон мављудоти хориќ – ул – оддаи вањмангезе мебошад, ки аз ќудрату тавоноии фаровон бархурдор буда, асли набарди онњо алайњи инсон нигаронида шудааст. Ва Аша Зардушт ба чунин хулоса омад:  аввал инсон омадааст ва сипас девони баднињод ва ин боис шудааст, ки девон зоту фитрати инсонї пайдо намуданд.
Сифатњои  Ањура Маздо зиёд аст ва рўњониён ва кулли мардумон бо мењри беандоза сифатњои ўро ситоишу ниёиш мекунанд. Чун гуфторњои мубадон, сангнавиштањо ва чармнавиштањои куњанро ба ёд овард, аз сифатњои Ањура Маздо ёд кард: сарчашмаи донишу огоњї, бахшандаи галаву рама, тавоно, бењтарин Аша, нишони њамаи дињишњои неки ашанажоди маздоофарида, хирад, хирадманд, доної, доно, варљовандї, варљованд, зўрмандтарин, дур аз дастраси душман, шикастнопазир, баёдорандаи подоши њар кас, њамаро нигањбон, пизишк, офаридгор, номбардор ба Маздо.
Хеле тааљљуб кард, уќдањои дилаш кушода  шудан гирифтанд. Номњои Ањура Маздоро ёд овард: Пуштибон, Офаринанда ва нигањбон, Шиносанда ва сипандтарин мену, Чорабахш, Пешво, Ањуро, Маздо, Ашаван, Фарраманд, Дурбинанда,Пушту паноњ, Додор, Нигањдоранда, Шиносанда,Парваранда, Шањриёри додгар, Нофирефтор, Бахшандаи њама дињишњо, Бахшандаи бисёр хушињо, Бахшоишгар,  Некикунанда, Подошрасон, Судманд, Неруманд, Доно.
Он ки ин номњоро њангоми бархостан аз хоб, ё ба гоњи хуфтан, њангоми рафтан аз љое ба љое, ё њангоми рафтан аз шањру кишвар ба сўи кишваре дигар бихонад, дар ин рўзу шаб корд ба ў коргар нашавад, чаккушу тиру ханљару гурзе, ки хасме бо нињоде саршор аз дурўѓ ба сўи ў партоб кунад, бар ў коргар нашавад ва сангњои фалохан ба ў нарасад.
Ин номњои бистгона њамчун зарраи пушти сару зарраи пеши сина дар баробари гурўњи нопайдои дурвандон ва нобакорони Варан ва Кайадаи табоњкори нопок ба кор равад, чунон ки гўї њазор мард марде як танњоро нигањбонї кунад. Ин ниёишњоро Ашу Зардушт барои мантрадармонї ба беморон борњо хонда буд ва медид, ки пас аз хондани он љони тозае бар љисми бемор медаромад. Бо эњтиром ин фармудањоро низ покнавис кард.
Зардушти вахшур нахустин шуда, ниёишњо ва оятњои аз дањон ба дањон расидаро ба як низоми муайян ва шакли мукаммал дароварда китобат намуд. Дертар ба он «Авесто» ном гузошт. Куњантарин осори хатти то замони мо омада расида, ки аз сарнавишти тоифањои њиндуориёї ба мо маълумот медињад, китобњои муќаддаси «Авесто» ва «Ведањо» мебошанд. «Ведањо» ќадимтарин ёдгорињои тамаддуни Њинд буда, таќрибан дар интињои њазорсолаи 2 ва оѓози њазорсолаи 1 то милод бо забони ќадимаи њиндї офарида шуданд.
«Авесто» гањвораи овони тифлии ниёгони мост, ки бо суруду тарона, хамосаву мунољот, дуруду паём, тавбаву надомат ва ситоишу ниёишаш чун аллаи модар ва падидањои нотакрори лањзањои кўдакї басо ширин ва хотирмону ибратангез аст. «Авесто» нахустин ќомуси тамаддун ва аввалин ганљинаи фарњангии ориёињои шарќї – саромадони тољикон аст, ки аз саргузашту сарнавишту обову аљдоди мо дар давраи фарорасии рушду нумўи маданият ва падид омадани нахустин нишонањои халќияти тољик башорат овакарда, то соли 660 пеш аз мелод ба ќалам доданд ва тўли умри ўро њафтоду њафт сол муќаррар кардаанд.
Метавон гуфт, ки ихтилофњо дар барои таваллуд ва рўзгори Зардушт дар заминаи тањќиќ ва ошної ба китоби муќаддаси «Авесто» падид омаданд. Воќеан, «Авесто» як ќомусномаи бузургест, ки ќариб њамаи пањлўњои зиндагии инсонро фаро гирифта, бобњои сершумори он ба даврањои гуногуну самтњои мухталифи фаъолияти одамон сару кор дорад. Масалан, ќадимтарин ќисмати «Авесто»—«Готњо» аз лињози корбасти калимаву ибора ва забону баён ба «Ригведо»-и њиндуориёињо ќаробат дошта, мунољоту ниёишњои муќаддасеро фаро мегирад, ки ба асрњои 12 – 10 то милод мансубанд. Мањз чунин вусъату пањної аз густариши домани «Авесто», ки чандин ќарнро фаро мегирад, муњаќќиќони минбаъдаро ба иштибоњ овардааст. Њудуди пањновари асотиру воќеањо, марзњои фарози парвози аќлу хирад ва сарчашмањои дуру њикмату фалсафа, ки аз ањди басо ќадим сарманшаъ мегирад.

25. ВИШТОСП АЗ ХУД ФИРОР МЕКУНАД

Пас аз ду рўз Виштосп ба пойтахти Доха расид. Њама хоставу зар тамом шуда буд. Аз ризќу рўзї чора нест. Хостори он шуд, ки дар пешае худро биозмояд ва бо зањмат зар ба каф орад. Фрашаоштра пешнињод кард, ки дар шањрдорї дабир шаванд:
—Дабирї пешаи озодагон аст ва ту худ дар дабирї устод бошї.
—Бале, севумин коре, ки дар бачагї ба ман баъди шамшерзаниву аспсаворї омўхта буданд, дабирї буд.
Бо чунин андеша ба кохе расиданд ва матлабашонро бигуфтанд.
—Хоњем, ки дабирї кунем. Аз њама хатњо огањї дорем.
 Чун сарвари дабирон ќади боло ва бозувону сарпанљаи бузурги Виштосп дид, рад кард.
—Туро путку сандон мебояд,  на хату паргор.
Фрашаоштраро аммо ќабул карданд, ки дар љусса њамќаду њаммонанди эшон буд.
Виштосп барошуфт. Фрашаоштра оромаш кард, ки аз маоши худ њамеша ўро ёрмандї мекунад.
Аммо ѓуруре, ки шањзода дошт, ба ин ќонеъ нашуда гуфт:
—Пас путку сандон хоњам, оњангар хоњам шуд.
Шањзода ќарор дод, ки барои худро дар зиндагї дарёфтан аз вуљуди худ њама эњсоси шањзодагиву нишони кайониро дур мебояд кард. Виштосп бо ин њама аз худ фирор кард ва рафт ба шогирдии оњангар.

26. АМШОСПАНДОН

Зардушт чун маќому манзалати Ањура Маздоро муайян намуд, ба пажўњиши њоли Амшоспандони дигар пардохт. Аввал Воњуман пеши назараш омад.
Воњуман, ё Бањман—Маниши нек, фурўзањои Ањурамаздо, намоди Андешаи нек, хираду доноии офаридгор, одамиро аз хираду тадбир бањраманд мекунад ва ўро ба офаридгор наздик мегардонад, аз дастбурди Ањриману девон нигањбонї мекунад, равонро дар хоб ба боргоњи ањурої рањнамун мешавад, дар рўзи пасин кирдори мардумонро месанљад, ва Ањура Маздо арзиши кори мардонро ба ёрї ва миёнљигарии ў дармеёбад. Ањурамаздо бо дастёрии Бањман љањонро меофаринад ва Бањман аст, ки некукорону ашавандонро ба бињишт рањнамун мешавад.
Хешкории Бањман дар љањони астуманд парваришу нигањдории њамаи љонварони судманд аст. Хурўс, ки сапедадамон ба бонги хеш мардумонро аз хоб бармеангезад, ва ба ниёишу кору зиндагонї мехонад, ўро ёвар аст.
Ва љомаи сафеду гули ёсумани сафед вижаи Бањман аст.
Дувумин рўзи моњ ва ёздањумин моњи солро ба номи ў хондаанд.
Бањмангон. Љашнест бањманља хонанд. Бањмани сапед гиёњест, ки собиќан решаи онро дар доруњо масраф мекарданд, онро ба шири холиси пок хўранд ва гўянд њифз ояд мардумро ва фаромўшї биравад. Ва аммо ба Хуросон мењмонї кунанд бар дигар, ки андар ў аз њар донаи хўрданї ки хўранд, кунанд, ва гўшти њар љонвару њайвони њалол ва тараву набот…
Бањмани сурху зард бар сари косањо барафшонданд. 
Ашу Зардушт гули ёсумани сафедро рўи санг гузошт. Худ дар тан љомаи сапед дошт. Ба ёд овард, ки чанде пеш дар љашни Бањмани сапед  Ѓотифар ном марди нек аз дењи њамсоя ба табрикаш омад.
Ѓотифар аз он, ки Аша Зардушт ўро шифо бахшид, басо шоду сарафроз буд ва ба нишони эњтирому сипос  ин љомаи сапедро ба ў њадя оварда буд. Аммо сад афсўс, ки пас аз чанд рўз ба дењи онон кўчиёни чодарнишин њамла карданд. Хостанд дар ќатори дигар мардон ўро њам ба ѓуломї баранд, аммо Ѓотифари далер то охирин рамаќи љон талош кард ва маргро аз асорат боло гузошт. 
Амшоспанди дигар Ардибињишт, ё «Аша вањишта» ба маънии «Бењтарин Аша», шоњи изадон аст, ки пас аз Бањман  ва дар дувумин пойгоњи Амшоспандон љой мегирад. Ѓолибан ба сурати Аша омада ва яке аз фурўзањои Ањура Маздо аст, ки арљи фаровон дорад ва онон, ки ёрї љўянд, бењтарин подшоњиро хоњанд ёфт. Дар ривоятњо омадааст, ки Ањура Маздо ўро аз неруи Хиради хеш офарида ва падари ўст. Ба ёрии ў буд, ки Ањура Маздо њангоми офариниш, гиёњонро бирўёнид, нигоњбони марѓзорњову гиёхони рўи замин аст ва парњезгорон дар марѓзорњои ў умр ба сар мебаранд. Ардибињишт зеботарин Амшоспанд ва душмани Деви Хашм, азмиёнбарандаи беморї ва маргу љодувону храфастрон аст.
Ањурамаздо бо Бањману Ардибињшт ройзанї мекунад ва Ардибињишт  аст, ки оташро мепояд ва аз миёни камоладевон —девони бузургу коргузорони аслии Анграмаийу  Индра, ки деви фирефтору гумроњкунанда аст, хаместори Ардибињишт аст. Ардибињиштро хешкорї он аст, ки девонро нањилад, то равони дурвандонро андар дўзах беш аз гуноње, ки эшонро њаст, подафра кунанд ва девонро аз эшон боздоранд. Ардибињиштро ба гетї оташ хеш аст. Он ки оташро ромиш бахшад, ё биёзорад, он гоњ Ардибињишт аз ў осуда ё озурда бувад.
Гули марзангўшро ба–д-он ихтисос доданд.
Ашу Зардушт ба гули марзангўш назаре кард, бо эњтиёт онро рўи санг гузошт. Ва сипас навишт:
—Ањура Маздо он чиро, ки ба дасти Бањман офаридааст, ба дастёрии Ардибињишт афзоиш хоњад дод.
Ањримани табањкор гуфт:
Вой бар ман аз дасти Ардибињишт,
Нохуштарин нохушињоро барандозад,
Бо нохуштарини нохушињо биситезад.
Табоњтарини табоњињоро барандозад.
Бо табоњитарин табоњињо биситезад.
Девтарин девонро барандозад.
Бо девтарини девон биситезад.
Патёратарини патёрагонро барандозад,
Бо патёратарин патёрањо биситезад.
Ашмуѓи душмани Ашаро барандозад,
Бо Ашмуѓи душмани Аша биситезад.
Ситамкортарини мардумонро барандозад.
Бо ситамкортарини мардумон биситезад….

 Шањривар—Шањриёрии дилхоњ, Шањриёрии ормонї , ё тавоноии менуии ормонї, яке аз фурўзањои Ањурамаздо, номи яке аз Амшоспандон, нигањбони филизњову посдори фуруњар ва пирўзии шањриёрони додвару ёвари бенавоён ва дастгири мустамандон аст ва ўро менуи мењрубониву љавонмардї хондаанд.  Ањурамаздо подошу подафраи вопасинро ба миёнљии Шањривар медињад. Вожаи Шањривар дар ин маврид метавонад ињоме низ ба филиз дошта бошад ва ишорае ба озмуни оњани гудозон ва озари фурўзон ба шумор ояд.
Саврва ва  Камоладеви намоди шањриёрии бад ва ошўбу мастї њаместори ўст. Шоспарѓам (райњон) гиёњи вижаи ўст.
Ашу Зардушт ба ёд овард, ки филиз, маъдан ва касби оњангарї байни мардумон эњтироми хоса доранд. Ва дигар чизе наёфт, ки боиси эроди ў шавад.
Спандармад. Спента-Армаити Исфандормаз, ё исфанд. Маъ-нои луѓавиаш Спента-варљованд, Ормаити -андешаву бурдбо-рї ва созгориву фурўтанї, яке аз фурўзањои Ањурамаздо аст. Ин Амшоспандбону намоди дўстдориву бурдборї ва фурўта-нии Ањурамаздо аст, нигоњбони замину покї ва боварию сар-сабзии он аст. Тармаити њаместори ўст. Панљумин рўзи моњ ва дувоздањумин моњи сол ба номи ўст, гули бедмушк вижаи он аст.
Ашу Зардушт дар шарњи ин эзад чунин навишт:
—Спента Армаити чун парваришдињандаи офаридагон аст ва аз тариќи ўст, ки мардум баракат меёбанд. Маздо Ањура ўро офаридааст, ки то рамањоро марѓзорњои сарсабз бибахшад. Дорандаи дањ њазор доруи дармонбахш аст, ѓолибан муродиф бо замин меояд. Шояд дар асл ара-мата—модарзамин будааст.
Ба ёди Аша Зардушт љашни зебои Замин омад.
Спандармадгон номи љашнест, ки дар Спандармадрўз –рўзи панљуми моњи Спандармад (Исфанд) баргузор мешуд. Њама-сола љашнњову маросимњое барои бузургдошти парасторон ва бузургдошт аз кўшишњои онон баргузор мегашт ва нишастњои ин љашнро бо бедмушк –гули вижаи Амшоспандбону Спандар-мад  меоростанд. Ин љашн вижаи занон будааст ва занон аз шавњарони хеш њадя дарёфт мекардаанд ва аз ин рў онро љашни муздгирон мехондаанд.
Ба ёдаш аёлу фарзандон омаданд, рўзи љашн дилаш чун гули бањорон шукуфон буду њамроњ гулафшонї мекарданд. Аммо аз он, ки зављааш нотоб буд, боз дилаш хиљил шуд. Бо мантрадармонї дуое хонд ва аз худованд илтиљо намуд, ки аёлу фарзандонро дар паноњаш нигањ дорад ва хотири ўро осуда гардонад, то пажўњишњои худро дар рањи шинохти Худо оромона давом дињад.
Ва омад бар сари андешаи Хурдод.
Хурдод,  ё  Њурдод  ба маънии расої ва камол, номи яке аз Амшоспандон—фурўзањои Ањурамаздо, намоди камолу расоии офаридгор аст, њамвора бо Амурдод њамроњ меояд, нигањбони об дар љањони астуманд аст. Њаместори ў Тауридев аст. Гули савсанро вижаи ў шуморидаанд. Чун номи Амшоспандон, ба вижа Хурдодро бар сари мурда бар забон ронанд, Насу-деви лошаву мурдор аз пой дар меояд. Севумин моњи сол ва шашумин рўзи моњ ба номи ўст. Зардушт ба ёд овард, ки дар Хурдодрўз аз моњи фарвардин зода шуда, дар чунин рўзе дин пазируфт. Ва Растохез њамин рўз барпо хоњад шуд. Ин рўз Наврўзи бузург, ё Наврўзи Хурдод хонда шуда оинњои хос баргузор мегардид.
Хурдодро чунин ниёиш мекарданд:
...Дуруљро ман аз хонумони ориёї берун ронам.
Туву Дуруљро ман ба банд кашам.
Туву Дуруљро ман барандозам.
Туву Дуруљро ман ба зери по афганам.
Се шиёр баркашад се. Ман ашаванро мегўям
Шаш шиёр баркашад, шаш. Ман ашаванмардро мегўям.
Нўњ шиёр бикашад, нўњ. Ман ашаванмардро мегўям.
Ўро, Амшоспанд Хурдодро барои фурўѓу фарраш бо намозе ба бонги баланд ва бо заур меситоем.
Мо Амшоспанд Хурдодро бо Њауми омехта бо шир, бо барсам, бо забони хирад ва Мантра, бо андешаву гуфтору кирдори нек, бо заур ва сухани расо меситоем.
Дигар Амшоспанд Амурдод аст.
Амурдод –Амерета, яке аз фурўзањои Ањурамаздо, номи Амшоспандони шашум аст, ба маънии љовидонагї ва бемаргї, њамеша њамроњ бо Хурдод меояд. Дар љањони менуї намояндаи пойдориву љовидонагии Ањурамаздост ва дар љањони астуманд нигањбонии гиёњону хўрданињо хешкории ўст. Панљумин моњи сол ва њафтумин рўзи моњ аст, гули чанбак (зардрангу хушбўву тунд , ба њиндї чамбак гўянд) Заирич—деви гуруснагї њаместори ўст. Гиёњонро рўёнад, рамаи гўсфандонро афзояд, зеро њамаи даду дом аз ў хўранд ва зист кунанд. Ба Фирашкарди Саошйант ва навсозии љањон низ Ануш аз Амурдод ояд. Агар касе гиёњро ромиш бахшад, ё биёзорад, он гоњ Амурдод аз ў осуда ё озурда шавад. Номи њафтумин рўзи моњ, ба номи Амшоспандбону Амурдод номида шуда.
Ашу Зардушт ба гулњои рўи санг гузоштааш назари амиќ карду дилаш шод шуд ва ба худ гуфт:
—Гули нафису нозук худ рамзи зебої, осудагї ва навозиши равон аст. Пас, фурўзањое, ки чунин нармиву осоиш мебахшанд ва мардумонро њамеша пуштибону мададгоранд, сазовори њама гуна ситоиш ва ниёиш њастанд. Аммо онњо худ офаридаи Ањура Маздо њастанд. Пас, онњоро метавон эзади офаридгор њисобид?
Боз саволњо, боз муаммоњо….

27. ШАЊЗОДАИ ОЊАНГАР

Он замон оњангарон эътибори хосе доштанд. Шањзода талаби шогирдї кард. Чун бозувони пурќуввати ўро бидид, хушаш омад ва ќабулаш кард. Чанде кори устодро назора кард, ваќти озмоиш расид.
Оњангар гўйи тафсонро аз танўри оташ баркашид, болои сандон гузошт, гуфт:
—Бо путк бизан, то љангафзоре шавад.
Виштосп путки гаронро бардошт, вай дар дасташ бозичае намуд. Бе душворї ба сари гўйи тафсон зад. Вале ин чи њоле? Њам путк шикаст, њам сандон.
Љон дар тани оњангар тангї кард. Барошуфт, дар симои шањзода деве дид, тарсид. Хоњиш кард, ки аз бањри ин кор бигзарад.
—Туро танњо гурзу шамшери гарон мебояд.
Ѓами шањзода афзун гашт. Вале оњангар њаќ буд.

28. АРЕДВИСУРА АНОЊИТА

Ашу Зардушт баргузашт ба тафањњуси дигар изадњое, ки ё парастиши алоњида доштанд, ё аз љониби њамагон муќаддас њисобида мешуданд. Аслан, Дин—Даена, Динак аз масдари Да (ба маънии андешидан ва шинохтан) баромада, мазњаб ва кеш аст, яке аз неруњои панљгонаи одамист. Изад—йазата, йазд ба маънии сутуданї, унвони куллии њамаи менувиёни дастёру коргузори офаридгор дар офариниши ањурої бошад. Њар кадом дар сомони офаринишу зиндагии менуиву астуманд хешкории вижае доранд. Дар ниёишњои Ориёї бо ёдоварии хешкорињои онон мардумон изадонро меситоянд ва аз эшон ёрї мељўянд.

Аредвисура Аноњита изадбонуи обњост. Аредви-рўд, суро, сура—неруманд, Аноњита—поку беолоиш. Мардумон аз ќадим дар ситоишу ниёиши Аредвисура Аноњита мегуфтанд:
Аредвисура Аноњитаро, ки дар њама љо домон густурда, дармонбахш, девситезу ањуроикеш аст, ба хости ман  биситой.
Ўст, ки дар љањони астуманд  барозандаи ситоиш ва ниёиш аст.
Ўст ашаване, ки љон физояд ва галаву рамаву дороиву кишварро афзунї бахшад.
Ўст ашаване, ки афзояндаи гетист.
Ўст, ки тухмаи њамаи мардонро пок кунад ва зањдони њамаи занонро барои зоиш аз олоиш биполояд.
Ўст, ки зоямони њама занонро осонї бахшад ва занони бордорро ба њангоме ки боиста аст, шир дар пистон оварад.
Ўст баруманде, ки дар њама љо баландовоза аст.
Ўст, ки дар бисёр фаррамандї њамчанди њамаи обњои рўи замин аст.
Ўст зўрманде, ки аз кўњи Њукар ба дарёи Фарохкарт резад.
Ўро—он Аредвисура Аноњитаи ашаванро барои фару фурўѓаш ба намозе ба бонги баланд бо намозе нек гузорида ва бо заур меситоям.
Эй Аредвисура Аноњита!
Бишавад, ки ту аз пайи додхоњї маро ба фарёд расї.
Йенге њатам…
 Эй Аредвисура Аноњита, Эй нек, эй тавонотарин!
Маро ин комёбї арзонї дор, ки ман бузургтарин шањриёри њама кишварњо шавам; ки бар њама девону љодувону париён чирагї ****; ки ду севум аз девони мазандарї ва дурвандони Варанро бар замин афганам.

—Вале худи обњо аз куљо оянд?—мутаваљљењ шуд Ашу Зардушт. —Аз Тухмаи обњо, аз ситорањо. Одамон гумон доштанд, ки гавњару бунмояи њамаи обњои рўи замин дар ситорагон љой дорад. Аз ин љост, ки мурољиат мекунанд:
«Эй ситорагони дарбардорандаи тухмаи обњо, бар оед…»
Вале ин чи сиррест, ки Апам Напат низ изади об буда, маънояш набераи обњост. Онро Бурязд ва Обон њам гўянд, бо сифатњои ради бузургвор, шањриёри шедвару тезасп њамроњ меояд. Дар номаи динии њиндувон «Ведањо» низ вай худои обњост.
Ва обњо боз як њомї доранд: Тиштар эзади нигањбони об аст,  дар нахустин набард бо деви аз миён барандаи об Апаоша, ки ба колбади аспи сиёњи сањмноке, бо гўшњову ёлу думи кал падидор мешавад ва намодест аз тобистонњои хушку сўзон, дар бештари сарзаминњои эронї  шикаст мехурад ва нолон аз чирагии хушксолї мегурезад, аммо дар дувумин набард Тиштар  Апаошаро ба сахтї шикаст медињад ва дур меронад ва сарзаминњои эрониро навиди борону обу ободонї мебахшад. Аз ин љост, ки дар ситоиши ў гуфтаанд:
—Тиштар—ситораи ройманди фаррамандро меситоем, ки шитобон ба сўи дарёи Фарохкарт битозад чун он тири дар њаво паррон, ки Ораши тирандоз-бењтарин тирандози ориёї аз кўњи Аирйохшута ба сўи кўњи Хванвант биандохт.
Тиштарро меситоем!
Тиштарйаениро меситоем. Он ситора, ки аз пайи нахустин дар ояд, меситоем.
Парвинро меситоем.
Њафт аврангро меситоем, пойдоре дар баробари љодувону париёнро.
Вананд ситораи маздоофаридаро меситоем, нерумандеро, пирўзе барозандаро, неруи ањуроофаридаро, бартареро, чирагї бар ниёзу пирўзї бар душманиро…
Тиштари дурустчашмро меситоем.
Тиштар—ситораи ройманди фаррамандро меситоем, ки бо обњои љањандаи хеш биму њаросро аз дили њамаи офаридагон фурў шўяд.

Ашу Зардушт дар мањалли тафањњуси ин се эзад дар андеша монд: њар изаде вазифаи худро дошт, ки аз кори офаридагон ва кулли љањон назора мекарданд. Вале чаро ба як об ин ќадар масъулони зиёд њастанд? Боз худ љавобе ёфт: Аша Зардушт андешид, ки обу оташ, замину бод худ муваккалон доранд дар сурати Амшоспандон. Аммо ин мањбубият ба эзади нигањбони ин чор охсиљ аз он аст, ки дар пањнои Ориёнои ќадим ва минбаъд дар биёбонњои хушку водињои гарм, вале обшори моварои рўдњои Сир ва Ому обу хок ва оташу бод барои њаёт ањамияти хеле муњиме  касб карданд. Баќои њаёт низ аз покиза нигоњ доштан ва ба манфиати умум истифода бурдани чањор охсиљ аст. Ва шояд аз он аст, ки дар даврањои гуногун њар ќабила эзади худро дошт. Ва њарчанд ки вазифањои онон як буд, номи онон барои њар ќавм дигар буд. Пас аз он, ки он ќабилахо хоњ дар љангњо ва хоњ бо роњи хешу таборшавї ба вањдат мерасиданд, њар кадом эзади худро нигањ дошт. Чун ќабилањо ва мубадони эшон њамкорї мекарданд, эзадони онњо низ њамкорї доштанд.
Бо чунин андешањо Ашу Зардушт Аноњита, Апам Напот, Андарвой,  Тиштар ва дигар парасторони табиатро чун фариштањои нагањбон боќї гузошт ва сари он, андешид, ки дигар эзадони байни мардум маъруфро чї  манзалате бошад. 

29. Эзадњо.
Бањром—изади разму  пирўзист.  Веретраѓна, ба маънии кушандаи Веретра. Њангоми љанг размоварон барои дастёбї ба пирўзиву чирагї бар њамоварон, изад Бањромро ба ёрї мехонанд. Ва њар як аз ду радаи размоварон ки изад Бањромро ситоишу ниёиши бењтаре ва ниёзи зиёдтаре назди ў баранд, ва ўро хушнудтар кунанд, растагору комёб хоњанд шуд.
Гули сисанбар ва палангмушк (низ Бањромак) вижаи ўст.
Бод—изади бод. Пируз, далер, бепарво. Тиштар обро ба ў месупорад ва ў бо ёрии абрњо онњоро ба кишщварњо рањнамун мсозад.  «Менуи бод ба шакли мард дар замин пайдо шуд, равшан, баланлд, мўае чўбин дар пой. Чун љон, ки танро биљунбонад  ва тан ба њамзўрии он њаракат кунад, он менуї бодро ба њаракат даровард ва бод њама заминро яксара фароз вазид ва обро биѓалтонд ва ба атрофии замин афганд.»
Девон бодро фирефтанд  ва ў чунин андешид, ки касе аз ман нерумандтар нества аз он пас чунон сахт вазид, ки њамаи дору дарахтеро, ки бар роњаш буд, бар њаво кард ва торикї дар њама љо истод ва саранљом Гаршосп бар ў чира шуд ва ўро ногузир кард, ки паймон бибандад то боз ба зери замин равад ва нигањ-дории замину осмонро, ки Њурмузд ба вай вогузоштааст, ўњдадор шавад. Дар растохез Ањурамаздо барои зинда кардани дубораи мурдагон устухонро аз замин, хунро аз об, мўйро аз гиёњ, љоноро аз бод хоњад.
Аљиб он буд, ки њама чиз, њатто дўстию оштї, ваќту соати алоњида низ эзади нигањбон доштанд:
Ависрутрим: номи изади нигоњбони Ависрутримгоњ ( аз шомгоњ то нимашаб), яке аз панљ гоњи шабонарўз аст. Вожаи «аибигайа» - ро, ѓолибан њамроњи номи ин изад меояд, бархе сифате барои ў донистаанд, ки ба маънии «нигоњбонии зиндагї» аст ва порае онро мутародифи номи Авиструсим шумурдаанд.
Аирйаман: ( дар пањлавї Арйоман ва Ирмон) номи изади дўстї ва пайванду Оромиш, яке аз изадони бузурги диниист. Ўро нахустин пизишки менуї шумурданд, ки чораву дармони дардњо ва нохушињо ба дасти ў супурда шудааст ва њангоме, ки Ањриман 99999 бемориро ба љоњон овард, ба фармони Ањуро Маздо  ба замин омад то дармони ин беморињоро биоварад. Маънии «Аирйман» дўсту ёварї аст ва унвонест барои пешво-ёни динї: ба унвони изади дармонбахши дардњо низ ёд шуда-аст. Аљиб он, ки дар бахши њиндии дин Вазифаи он дигар хел будааст: Дар  дини куњани њиндувон Аирйаман изадест дар гу-рўњи изадони бузурги машњур ба Одитйа, ки номи ў њамвора њамроњи Митра ва Варуна меояд. Маънии ин ном дар санк-скрит монанди митра дўст аст ва ў низ њамчун Митра Худои рўшноии осмон ва мењрубону накўкор ва ёвари  мардумон аст.
Ба василаи Аирйаман ишийа—ниёиши машњур, ки чањор бор Хонда мешавад ва намоз вай Ањриману љодувону париёнро бармеандозад ва зеботарину нерумандтарину коромадтарину пирўзтарин ва дармонбахштарин Мантраи варљованд ба шумор меравад.
Айара—номи изади нигањбони рўз.
Ама—изади нируву далерист, ки бештар њамроњи изад Бањром меояд ва сифати некофарида ва бурузмандро дорад. Амавант, ё амованд—далеру неруманду бољуръат аст. Њангоме ки изад Бањром ба колбадњои гови нар ва асп намоён мешавад, Ама бар фарози шохњои гов ва пешонии асп падидор аст.
Анаѓрон, Анаѓрон раочао—ба маъниифурўѓи беоѓоз, ё рўш-ноии азалї номи дигари Гарудмон, бартарин бињиштё љањони  равшани Ањура маздост. Изадест, ки нигањбонии сї амини рўз ва моњ ба-д-ў супурда шуда. Анаѓрони менуї Анаѓри равшан аст, ки Хонаи гавњарнишон, суфта ёќут ва менувон сохтааст.
 Арт—изадбонуи подошу тавонгарї ва ганљури Ањура Маздо.
Арштод—изадбонуи Ростї ва дурустї, бо сифатњои љањон-парвар, гетиафзой ёд мешавад.Арштод роњнамои менуиён, љањониёну Зомёд, менуи замин аст, ва гуфта шудааст, ки Рашн равонњои мурдагонро мешуморад ва Арштоду Зомёд онњоро ба тарозу мегузоранд. Ва њангоме ки равонњои мурдагон барои шумори кирдори неку бад ба сари Чинводпул оянд, Арштод дастёри Амурдодњамроњ бо бо Рашн ва Зомёд фаро расанд. Ѓолибан бо Рашн –изади додгарї њамроњ меояд, зеро ки ростиву дурустї бо додгарї њамоњангї дорад.
Аша-ба маънои Ростї, љузъи аслии номи Ардибињишт, Њаќ, њаќиќат, додгарї, сомони офоќ, ќонуни абадии офариниш,  назму тартиби комил, њама роњњои растагорї ба Аша мепайвандад.
Аши изадбонуи тавонгарї,подошу ганљури Ањура Маздост. Бо сифати вангуњ-бењ, нек меояд. Хешкории ин изадбону—дар љањони астуманд ба парњезкорону ашаванон бахшидани дорої, хоста, хушї ва дар љањони менуї— дар рўзи пасин бахшидани подоши кирдорњои неку подафраи кирдорњои бад аст. Шукуфањои бањорї вижаи ўст.
Берељйа—изади нигањбонибуншањо (донањои ѓаллагї) њамроњ бо Нманйа ва Ушањин меояд.
Варуна—яке аз худоёни бостонии ориёиён ва ба вижа њиндувон аст, худои осмону нигањбони низоми љањон ба манзалаи Ањуро. Бо Митра пайванди танготанг дорад. Офтобро ѓолибан чашми чашми Митра-Варуна, ё Варуна медонанд. Одарвон сифати Агни—худои оташ аст, ва Агни писари Варуна Хонда шудааст.
 Васи—як моњи асотирї дар дарёи Фарохкарт, хеле бузург.ва дарозии ў ба андозаест, ки агар тундрав марде аз бомдод то шомгоњон шитобон биравад, њанўз онро натавонад паймуд. Њамаи љонварони маздоофарида дар дарёи Фарохкарт дар паноњи нигањбонии ўянд.
Висйа- ба маънии русто, изади нигањбони русто аст.
Воњугауна, Воњукерети—номи яке аз гиёњони хушбўст, ки барои зудудану пок кардани хона аз ганду нопокии мурдор дар оташ месўзондаанд. Воњукерети бо уд якест.
Дамуиш Упамана—изаде аз ёрону њамкорони изади Мењр, чирадаст, далер, ба маънии офарини некукори порсо меояд. Дамуиш Упамани далер савор ва ба пайкари гурозе тездандону тезчангол дар найи гардунаи Мењр асп метозад.
Дахйум, дањйума—изади нигањбони иёлат, ё кишвар, аз њамкорони Узайарин њисоб мешавад.
Дин—изадбонуи нигањбонидини маздопарастї, бо изадбону Чиста пайванди наздик дорад, нигањбони осоиши занон аст.
Дрватат—изади тандурустї, бо вожаи тану њамроњ омада тандуруст хонда мешавад.
Заур—изадбонуест, ки ниёишгарон аз ў ёрї мехоњанд.
Йарийа њушаити—изади нигањбони шаш Гањанбор, ки дар саросари сол хонумонњои хубу ооромгоњњои нек ба мардумон мебахшад.
Нманйа—изади нигањбони хонумон. Нмана—ба маънии хона.
Одитйа—гурўње аз мењинизадон.
Озар—оташ, изади нигањбони оташ, яке аз бузургтарин изадон. Барои бузургдошти изади Озар ўро писари Ањура Маздо хондаанд ва гоњ дар гурўњи амшоспандон љой доданд. Дар набард бо девон барои фурў боридани борон, ва доварии пасин дар баршумории кирдори мардумон, ва ѓайра наќши чашмгире дорад. Гули озариюн вижаи ўст.
Осмон. Асман, Асан, ба маънии санг аст, зеро ки дар бостон сипењрро ба сони санг медонистанд, Изади нигањбони сипењр аст. Уст, ки дорої мебахшад, ва дар набард бо Ањриман, кори душвори зиндонї кардани Ањриман ва девонро ба ўњда дорад ва «огоњии парњезкорон»-и найза ба дастберун аз осмон истодааст, то осмонро дар пайкор ба ањриман ёрї бирасонад.
Рапитвн—изади нигоњбони тобистон.
Оштї –Охштї, Ошт, Оштйа—оштї ва созгорї, Сулњ номи изади оштистбо сифати пирўзу саромади дигар офаридагон сутуда мешавад.
Паурватат—изади пешвої ва пешрафторї
Поренди—изадбонуи нигањбони ганљу дороиву неъмат, ба маънии пурї ва саршорї, файзу фаровонї. Сифати ў сабукгар-дуна-дорои аробаи чусту сабукраванда аст. Бархе гўянд, ки посбони ганљњои нињонист ва эњтимолан, ганљи нињонї-маъданњост.
Рашн—парњезгорї, дурахшидан, изади додгарї, пас аз Мењ-ру сурўш севумин довари рўзи пасин аст. Номи ин изад ѓолибан бо сифати рост, ё росттарин њамроњ меояд, бо дуздону роњза-нон дар ситеза аст ва мояи нигаронии онњост. Рашн на танњо дар дар рўи замин, хушкиву дарё, балки дар сипењри Моњу Хур-шед ва фазои фурўѓи бепоён Гарудмон низ њузур дорад. Вай барои рањої ва бењрўзии љањони астуманд девону бадкирдорон-ро нобуд мекунад.Ўро тарозудори рўзи пасин мехонанд, ки каффаи тарозуро ба њељ сўе моил накунад ва сари мўе нодурус-тиву бедод дар кори ў роњ наёбад.Гули настаран вижаи ўст.
Сурўш. Сраоша аз решаи «сру» ба маънии «шунидан, шунавої ва фармонбардорї, ба вижа шунавої ва фармонбардорї аз фармонњои изадї ва суханони худовандї». Номи яке аз бузургтарин изадону менувиён дар дини маздопарастї ва намоди шунавоиву фармонбарлорї ва таљассуми парњезгориву дурусткорирї аст. Пойгоњи ин изадро бо изади Мењр баробар дониста ва гоњ ўро дар шумори амшоспандон овардаанд.
Суруш аз љумлаи изадонест, ки дар кори довари пасин хешкорї дврад ва кори шумору санљиши кирдорњои мардумон бар дасти ўст. Номи ў бо ситфатњои порсо, парњезкор, пок, нек, пирўз, бахшандаи подоши нек, далер, сахтразмафзор, бурзмандтанмантра, љањоноро, ради покї, њамроњ аст. Сурўш  пайки изадї ва оварандаи гуфтор иањуроист, низ монанди мењр њамвора бедор аст, љањонро пас аз фурў рафтани Хуршед бо рамзафзори охтаи хеш нигањбонї мекунад.Гардунаи Сурўшро низ монанди гардунаи Мењр чањор аспи сафеди дурахшони бесояву зарринсум мекашандва пойгоњи ў њам монанди пойгоњи изади Мењр бар фарози Албурзкўњ дар болргоње њазорсутун худравшан ва ситораоин аст.
Хурўс намояндаи коргузор ва гумоштаи изади шабзиндадор Сурўш бар рўи замин аст, бомдодон бонг бармедорад ва мардумонро ба бедориву итоиши офаридгор ва кору кўшиш фаро мехонадва муждаи сипарї шудани шаби тираву дамидани сапедаи пурфурўѓро медињад.
Тваша—тунду тезу чолок, изади љавву фазо, бо сифати љовидона њамроњ меояд.
Тиштар—номи изад-ситораи борон аст,  разми ў бо деви хушксолї ситоиш шудааст. Ройманд ва фарраманд, ради њама ситорањост, сапеду  дурахшон, аз дур намоён аст, сиришти об дораду тавоност, нажодаш аз Апам Напат аст.
Фрадатфшу—парварандаи чорпои кўчак—изади нигањбони чорпоёни хурд,
Фрадатвира—парварандаи мардон, изади нигањбону парваранда ва афзояндаи мардумон, аз ёрону њамкорони изади Узайарина.
Фрататвиспам њуљайаити—изади нигоњбони зиндагии хушу хуррам.
Хуршед—хури дурахшон, номи кураи осмонии машњур ва номи изадест.бо сифатњои љовидона, ройуманд, шукўњманд, ва тезасп њамроњ меояд. Поккунандаи тухмаи Гайумарт –нахустин инсони офаридаи Ањура Маздо мебошад. Хуршед дар панљу-мин пояи гарудмон љой гирифтааст, монанди моњу ситорагон роњи вижаи худро месупарад, ки фравашињо ба ў намудаанд.
Њаум—изади нигањбони гиёњи муќаддасу оинии Њаум.
Њушбом—изади намоди партави Хуршед аст. Уша ба маънии Сапедадам номи изади ин њангом аз щабонарўз аст. Пеш аз баромадани Хуршед изади дигаре бо номи Бомйа ба осмон меояд ва гардунаи ўро роњбарї мекунад. Аз таркиби номи ин ду изад – Уш ва Бомйа дертар Ўшбом падид омадааст, ки Ушбом низ Хонда мешавад. Ушбом њангомест, ки теѓи Хуршедбарояд: њангоме, ки равшагнии Хуршед пайдо ва танаш нопайдост то њангоме, ки Хуршед пайдо шавад. Ниёиш Њушбом њаст, ки  панљ банд дорад ва љои он дар Хурда-Авесто аст.
Чиста—изадбонуи донишу фарзонагїбо сифатњое чун росттарин,маздозода, ва ашаван тавсиф шуда. Ин пайвасташгии дину донишро таъкид мекунад: Чистаи росткирдортарин аз сўи чапи гардунаи Мењр меистад.
Ашу Зардушт сари њар кадом эзад тафањњус кард ва  натиљае бардошт, ки онњо худ офаридаи Ањура Маздо њастанд ва онњоро худо гуфтан шоиста нест. Ба онњо номи дигаре зарур аст. 
Сари муќаддасоти дигар андеша кард:
Бож—гуфторест барои њама ниёишњои кўтоњ, ки оњиста бар забон меронанд, ё зери лаб мехонанд. Ба мисли шукргузорї ваќти тановули ѓизо аз неъматњои эзадї њангоми хўрок сухан гуфтану бож накарданро гуноњ медонанд. — Барои Аша Зардушт—ин ањамияти тиббї дорад. Оњиста ва бе суханронии дурушту баланд хўрок љавидан барои хўрдан барои саломатии мардумон фоидабахш аст.
Мантра—гуфтори варљовандї, каломи муќадда, сухани эзадї. Мантрадармонї—дармони бемор бо мантра, ки ба манзалаи гуфтордармонї ё равондармоннї аст.
Бо чунин андешањо Ашу Зардушт ба худ гуфт:
-Чизе ки худ офарида аст, офаридгор натавонад шуд. Вагарна худи мардумон, ки пайваста наслњои нав ба нав меофаранд, њайвонот, ки њар соле насл медињанд ва гиёњон, ки аз решаву тухмаи  онон гиёњони нав ва њатто аз дурагакунии онон меваю навъи дигар пайдо мешаванд, метавонанд даъвии офаридгорї бикунанд? Ба онњо номи дигаре зарур аст.
Чун нек андешид, дид, ки ба онон њамчун ваколатдори њар соња як зарурате шояд бошад, вале ба он на маќоми эзадї, балки моњияти рўњониипизишкиву равондармонї бояд дод ва онњоро худо гуфтан шоиста нест.
Ва Аша Зардушт ононро аз љумлаи офаридгорон берун кард. 


30.  ШАЊЗОДАИ ГАЛАБОН

Тўрон. Виштоспи ранљидахотир, ки муддате бемуваффаќиятона кор љуста охирин зару зевари дар танаш бударо фурўхта, барои ѓизо сарф карда буд, намехост бо ин ањволи ѓариб пеши Фрашаоштра равад. Вазирзода худ дар љўстуљўи ў буд, аммо фаќат шомгоњон ба ин кор фурсат дошт. Вале дар сарой ва чанд љои хоса, ки бояд он љо шоњзодаро медид, ўро пайдо накард.
Виштосп барои дучор наомадан бо Љомосп бар сари даште рафт, галаи калони аспон бидид. Шод шуд ва ба галабон гуфт:
—Бо аспон ошної дорам. Хоњам, аспони туро ром бикунам.
Галабон ќади болои ў дид, дар љавоб дармонд. Ба дил гуфт:
—Ба ин хубрўї галабонї ба ў зебанда нест. Шояд роњзанест. Аспи ноомўхти девонаавзое бидињам. Дар як гашт ўро аз зин партояд ва шарманда шавад.
—Аспњоро ба ман бимон, —такроран хоњиш кард Виштосп.
—Онро бигир, –зоњиран оромона ва сулњхоњона ба аспе ишорат кард галабон.
Шоњзода аспи сурхмўйи бузургљуссае дид. Шиња кашид, асп гўшњояшро сих кард. Виштосп бо як љањидан пайкари бузур-гашро болои асп гирифт. Асп девонавор љањид ва њамроњи савораи густох тарафи љўю љар рафт, гўї парвоз мекард. Вале Виштоспро аз ин тарсе набуд, баръакс гўё њамин хатар наме-расид, ки устувор болои асп менишаст ва шодона нидо мекард. Њар ваќт, ки асп ўро аз пушти худ афтондан мехост, шањзода мушт бар гардану пой бар шиками асп мекўфт. Нињоят, аз давутози беохир хаста шуда, асп афтод. Виштосп пештар аз ў худро ба замин партофт ва чун асп бархест, филфавр болои асп парида ба пушташ савор шуд. Дигар асп ором шуд.
Галабон аз ин њол бештар тарсид ва дар зоњир афсўс хўрд:
—Афсўс, ки аз ин галабонї маро ѓайри саргардонї чизе нест. Пагоњ њамаро ба бозор барам, вагарна чун ту шогирдеро солњо орзу доштам…
Виштосп аз чунин дигаршавии вазъи њоли аспбон ба њайрат афтода эътироз кард, аммо галабон ба сарнавишти шуми худ нафрин хонда, садњо далел оварда гуфт, ки барои супоридани ќарзњои  ќариб панљоњсола, барои ќурбонї ба њаќќи бобову бокалонаш, ки дишаб хоб дидаст, барои таъмини рўзгори њафт писару ќариб чињил наберагонаш бояд галаро ба бозор бурда, савдо карда, бо њамин аз галабониву азияти роњзанњову ташви-ши рўзгордории дар шањр мондаву умуман, гиру дори љањон халос шавад. Вагарна нав аспшиноси тавонову доноро, чун Виштосп, худо ба назди ў фиристода. Гўё ки бо њамин, мурдан мехосту тамом ва шарти он ба бозор бурда нест кардани њамин галаи на чандон калони аспњо буд. Ба Виштосп фаќат њамин монд, ки ба худ ва сарнавишти шуми худ нафрин кунад, ва аз дарди ангуштони зарбхўрдаи пои њоло, пас аз сард шудани бадан эњсос намудааш андаке лангида аз гала дур шавад ва барои ќуте дарёфтан назди кишоварзон биравад.
 
31. ГАУШУРВАН ВА МОЊ

Дар маъбади кўчаки худ Зардушт пажўњишњоро идома медињад.
Дар байни эзадону нигањбонон мављудоти муќаддаси дигар низ буд, ки мардумон барояш њамеша ќурбонињои зиёд мекунанд, вале онњо худ мўњтољи њомиёнанд. Ин эзадон Гаушурван ва Моњ буданд. Гаушурван ба маънии равони офариниш, ё равони љањон, яке аз намодњо ва офариниши Ањура Маздо, изадбонуи нигањбони чорпоёну сутурон аст. Бархе ўро танњо Равони гов, ё намояндаи њамаи чорпоёну сутурон мехонанд, ки офаридаи гов аст ва бо Гешушташан, ки офаридгори гов аст, як намедонанд. Дар Гоњон Гаушурван аз бадкирдории деви Хашм ва ситаму бедоде, ки мардумон дар љањон бар чорпоён раво медоранд, ба даргоњи Ањурамаздо меноладу гила мекунад, ки барои нигањбонии вай ва пуштибонї аз чорпоён бузургворе гумошта шавад.
Зардушт ба худ гуфт: —Мављудоте, ки худ бар нигањбонї эњтиёљ дорад, чї тавр тавонад нигањбони дигарон шавад?   
Моњ чист? –Онро дар баъзе устурањо Мовангња меноманд, номи кураи осмонии машњур ва номи сї рўзи гардиши моњ ба гирди замин ва номи изадест. Гули наргисро вижаи ў хондаанд. Моњ дарбаргирандаи тухмаи гов, чорпоёну сутурон хонда шудааст. Нахустин офаридаи Ањура Маздо варзов буд. Ањриман деви озу ранљу гуруснагиву бемориро ба озори ў гумошт. Варзов аз он осеби ањриманї чандон лоѓару нотавон шуд, ки љон супурд. Њангоми мурдан аз њар як аз андомњои ў панљоњу панљ гуна буншан (ѓалладонагї ) ва дувоздањ гуна гиёњи дармонї падид омад. Ва он чи аз тухмаи варзови поку неруманд буд, ба моњ роњ ёфт. Ва дар партави фурўѓи он полуда шуд, ва аз он љуфте љондори нарина ва модина падид омад ва аз он ду дувисту њаштоду ду љонвари дигар зода шуданд. 
Њангоме ки гов љон месупурд, равони ў аз колбадаш берун омад ва дар баробари вай истод ва чунон хурўше баркашид, ки гўї њазор мард бо њам фарёд баровардаанд ва аз ситаме, ки дар замин бар сутурон меравад, бинолид ва аз Ањура Маздо пурсид:
—Љањони офаридаи маро ба кї супурдї? Кирдорњои зишт за-минро вайрон кард ва гиёњон беоб монданд. Куљост он марде, ки навиди офаридаи ўро додї, марде ки дини рањої ва растаго-рї оварад?
Ањура Маздо гуфт:
—Эй Гаушурван! Ранљи ту аз Ањриман аст. Агар он марде ки офаридаи ўро навид додам, имрўз њастї ёфта буд, њароина Ањриман чунин густох намешуд.
Он гоњ Гаушурван ба ситорагон шитофт ва гила аз сар гирифт. Пас ба моњ дар омад ва боз хурўши шукўњ бар овард ва саранљом ба шањри Хуршед шитофт ва дар он љо Ањурамаздо фравашии мардеро ба ў бинмуду гуфт:
 —Ин аст он касе, ки хоњам офарид ва дини рањої оварад. Пас Гаушурван хушнуд шуд ва хешкории худро, ки парвариши мардумон ва хўрок додан ба онон аст, пазируфт.
Дар ривояти дигаре чунин дарёфт: Панљумин набардро гови яктоофарида кард. Чун даргузашт, ба сабаи сириштии гиёњї, аз андомњои фурўафтодаи гов панљоњу панљ навъ ѓалла ва дувоздањ навъ гиёњи дармонї аз замин руст. Равшанї ва зўрї, ки дар тухмаи гов буд, ба Моњ супурда шуд. Он тухма ба равшании моњ полуда шуд. Ба њама гунае ороста шуд, љон дар ў дароварда шуд ва аз он љуфте гов, яке нару мода бар замин оварда шуд. Сипас бар замин аз њар навъе дуто, яъне дувисту њаштоду ду навъ афзор пайдо шуданд. Тухмаи гов—геу, ё геуш, номи куллии њама чорпоёну сутурони судманд аст, ки тухмаву бунёди онњо ва низ тухмаи ѓаллањову гиёњони давої дар моњ нигањдорї мешавад.
Мардуми он рўзгорон мепиндоштанд, ки гардунаи моњро гове аз нур, ки ду шохи заррин ва дањ пои симин дорад, мекашад. Ин гардуна дар шаби понздањуми Даймоњ ба муддати як соат падидор мешавад ва касе, ки онро бубинад, њар орзуе, ки дошта бошад, бароварда мешавад. Моњ-ниёиш—номи севумин ниёиш аз панљ ниёиши машњури маздопарастон аст, ки 12 банд дорад. Ин ниёишро дар се рўзи моњ се бор мехонанд: бори якум њангоми дидани Моњи нав (њилол), бори дувум дар миёнаи моњ (њангоми бадри тамом), бори севум дар поёни моњ, ки дигарбора борик менамояд. 
Зимни тањаффуси њоли Гаушурван Ашу Зардушт аз он андешид, ки чаро ин замон рўњониён барои неру гирифтани равони Гаушурван ќурбон кардани наслњои нави ин гови бечораро ба расмият даровардаанд. Њол он, ки вай то њол барои наљоти онњо ва худи инсон аз Офаридгори яктои њастї њомї металабад.
 Сипас Зардушт дар номањо чунин навишт:
—Аз ин пас ман њимоятгари Гаушурван бошам.
Ва ба худ андешид, ки модоме Гаушурван аз њоли љонварон ин ќадар ба сутўњ омада бошад, ба расми ќурбонї куштани гову гўсфанд ва буз кори дуруст набошад. Мебояд пеши ин амали нохубро гирифт.

32. ШАЊЗОДАИ КИШОВАРЗ

Суханњои галабон Виштоспро аз кашокаши ромкунии аспи ноомўхт бештар хаста кард ва рањи дењаро пеш гирифт. Вале ба дења расида шарм дошт, ки шањзода асту ўро мебояд аз кишоварзи бечорае ѓизо талабад.
Шањзода ба худ гуфт:
—Лаънат ба ман, ки бар падар носазо гуфтам. Насиби касе, ки бо падар носозгор аст, ѓайри саргардонї чизе нест.
Хаставу бемору дилсард аз њама гетї дар сари кишти дењќоне, зери дарахти на чандон бузурге нишаст ва фавран хобаш бурд.
Кишоварз, ки дар поёни замин буд ва обронї мекард, пиндошт, ки писараш омадааст. Чун шањзодаро ба он њол дид, дилаш сўхт. Виштосп сар аз хоб бардошта њоли худро вазнинтар дид, гурусна монда, аз гармои хуршед ва хастагї тамоми баданаш дард мекард. Кишоварз бидуни сухане ўро ба хонааш бурд ва шикамашро сер кард.
Шањзода аз ў талаби кор кард. Кишоварз табассум карда гуфт:
—Ризќи ману туро Ара-Майти, ё худ замин—модар дињад. Коре зарур нест. То чанде ки дилат хоњад, бо мо бимон.
Виштосп аз дарёдилии кишоварзи хокпош дар њайрат афтод. Њамроњи ў ба сари замин рафт. Гање паси говрона истоду гање њосилро бар сари марзи замин мекашонд. Бачагони дењќон низ бо ў одат карданд.

33. МИТРА. МЕЊРПАРАСТЇ

Дигар Аша Зардушт андешид дар хусуси кешњои дигаре, ки то омадани ќавмњои ориёї дар байни мардумони тањљої мав-људ буданд. Ва дар ин миёна чанд изади дигаре буд, ки гурўње аз њамзамононаш худо шуморида, парастишу ниёиш мекарданд ва онњо пайравони кеши алоњида буданд. Ашу Зардушт бозомад ба андешаи  Мењр, ки яке аз кешњои куњан буд. Амалан баробари Зурвония Мењрпарастї низ густариши тамом дошт. Ва гумон доранд, ки худи Зардушт дар љавонї мубади њамин кеши митра-мењрпарастї буд.
Мењр-Митра,  Мисра. Изади фурўѓу рўшної ва паймоншиносї, яке аз бузургтарин изадону менувиён дар асотири куњани њиндуэронист. Яшти Мењр, ки саросар суруди ситоиш ва ниёиш ва њамосаи размоварињои ўст, яке аз маъруфтарин ва машњуртарин кешњои Ориёнои бостон буд ва пайравони љараёнњои гуногуни кешњои табиатпарастї ба Митра бо эњтиром ва самимият мурољиат менамуданд.
Баракатбахш ва анбозхо дар фармонравоии љањон ва нигањбони паймон аст, баъдњо ба изади посдору пуштибони њамаи гурўњњои иљтимоии љомеа табдил меёбад, нигањбонии ў аз ростгўї ва дурустпаймонї густариш пайдо мекунад ва дурўѓгўйї ба Мењр муродифи паймоншикан мешавад
Номи Мењр ѓолибан бо сифати дорандаи чарогоњи фарох ё фарохчарогоњ њамроњ хонда мешавад ва ин сифати таркибї бо хешкории ў, яъне посдорї аз ростгўї ва дурустпаймониву  фурў кўфтани дурўѓгўёну паймоншиканон дар саросари љањон њамоњангии комил дорад.
Шонздањумин рўзи моњ ва њафтумин моњи солро Мењр гўянд.
Гули њамешабишкуфта вижаи ўст.
Мењр дар рўзи пасин њамроњ бо изадон Суруш, Рашн дар сари Чинводпул равони ростгўёнро аз дасти девоне, ки мехоњанд ононро ба дўзах кашанд, рањої мебахшад.
Аз ин љост, ки гурўњи мардумон умедњои неки худро ба Мењр вобаста мекунанд:
«Эй Мењр!
Аз туст оштиву аз туст ситеза дар кишварњо.
Аз туст, ки хонањои сутург, аз занони барозанда ва болишхои пањну густурда ва гардунањои сазовор бархурдор аст.
Он хонаи ашаванон, ки туро дар намоз ном баранд ва бо ниёише дархури замон ва бо заур биситоянд.
Он, ки Ашии неку Поренди сабукгардуна, неруи фарри каёнї, неруи сипењри љовидона, неруи Дамуиш Упамана, неруи фравашињои ашаванон ва касе, ки гурўњи маздопарастони ашаванро гирди њам оварад, њама ёру ёвари ўянд.
Он ки девонро сар бикўбад.
Он, ки ба гуноњгорон хашм гирад.
Он, ки ба Мењрдуруљон кин варзад,
Он ки париёнро ба тангно дарафганад.
Он, ки агар мардумон Мењрдуруљ набошанд, кишварро неруи саршор бахшад.
Он, ки агар Мењдуруљ набошанд, кишварро пирўзие саршор бахшад.
Он, ки чолоктарини чолокон, паймоншиностарини паймоншиносон, далертарини далерон, забоновартарини забоноварон, ва гушоишбахштарини гушоишбахшон аст.
Он, ки галаву рама бахшад,
Он, ки Шањриёрї бахшад.
Он, ки писарон бахшад.
Он, ки пирўзї бахшад.
Он, ки бењрўзї бахшад,
Он, ки дињиши Аша бахшад
Он пирўзманде, ки размафзоре хушсохт бо худ дорад,
Он ки дар тирагї нигоњбоне нофирефтанист
Он, ки зўрмандтарини зўрмандон аст.
Он, ки далертарини далерон аст.
Он, ки донотарини бахшандагон аст.
Он пирўзманде, ки фарраи изадї аз они ўст.
Он њазоргўши дањњазорчашми дањњазор дидбон.
Он неруманди донои нофирефтанї…
Аша Зардушт дарёфт, ки мардумон Мењрро чунон ситоиш мекунанд, ки одатан бо ин сифатњо Офарандаи гетиро ситоиш мекунанд:
«Барои фарру фурўѓаш, бо намозе ба бонги баланд ва бо заур меситоям он Мењри фарохчарогоњро. Мењри фарохчарогоњро меситоем, ки сарзаминњои ориёиро хонумони хушу саршор аз созишу Оромиш бахшад.
Бишавад, ки ў моро ба ёрї ояд,
Бишавад, ки ў моро гушоиш бахшад,
Бишавад, ки ў моро дастгирї кунад.
Бишавад, ки ў моро дилсўз бошад.
Бишавад, ки ў чораи кори моро ба мо бинмояд.
Бишавад, ки ў моро пирўзї бахшад.
Бишавад, ки ў моро бењрўзї бахшад.
Бишавад, ки ў моро додрас бошад.
Он неруманди њамвора пирўзи нофирефтанї, ки дар саросари љањони астуманд сазовори ниёиш аст он Мењри фарохчарогоњ»…

Мавриди зикр аст, ки ситоишу ниёиши Мењр маќоми волое дошта, кеши људогонае ба номи Мењроинї ва ё Митраисм аз он падид омада, дар Машриќу Маѓриб густариш ёфта буд. Бисёре аз нињодњои динии масењиён порае аз љанбаи адёни дигар иќтибос аз бунёдњои мењроинї аст. Бозмондаи мењробњои куњанро дар зери бисёре аз калисоњо ва дар таркиби дигар парастишгоњњои кунунї ва пайкараи бузурги изад Мењрро дар Осорхонаи маъбади Сен-Питери Ватикан дар Рим ва дањњо калисоњою музею маркази илмї ва њунарии дигар то ба имрўз метавон дид.

34. ИШЌИ ВИШТОСП—НАЉОТИ ВИШТОСП

Тўрон. Дар шафати замини кишоварз чањорбоѓи зебое буд. Рўзе дар чањорбоѓи пур аз гулу дарахтони мевадор духтари шоњ Њутаоса омад. Виштосп он рўз хуррамї карда, дар рўд худро шуста, либоси шоњонаи худро ба бар карда буд. Ва чун њамдигарро диданд, аз дилу љон ошиќ шуданд.
Кишоварз дили ўро фањмида, гуфт, ки вай духтари шоњ аст. Сипас маслињат дод, ки ба шањр равад ва талаби духтар кунад.
Виштосп чора дар он дид, ки бе ёрии Фрашаоштра амал бикунад.
Он замон баргузидани шўй бар љониби духтар буд, чи авом бошад, чи шоњзода. Бино бар ин, кори онњо ба зудї барор гирифт. Њарчанд ки Виштосп аслу насаби худро нињон кард ва шоњ аз ин интихоб басе нохуш гардид, оќибат ризоият дод.
Дар давоми чанд муддат Виштосп тавонист, ки бо пањлавонии худ дили шоњро ба худ гарм кунад. Њутаоса аммо аз шавњари интихобкардааш розї буд. Дар тамоми мулк касеро дар љавонмардиву зўрозмої баробари ў намедид. Виштосп њам пас аз корљўйињо ва саргузашти аљиби худ дигар шуда, аз љавони шўху беандеша ба марди љиддии некандеш мубаддал шуд. Њоло худ соњиби фарзандон шуда, бо онњо гање мењрубониву гање дуруштї мекард. Мехост, ки онњо пањлавону номљўй шаванд. Вале њар гоњ, ки ќиссаи худро бо падар ба ёд меовард, худро мазаммат мекард, ки ноњаќ коре карда, ба васвасаи душман гирифтор шудааст.

35. ПАРАСТИШИ ТАБИАТ

Баъзе ќабилањои ориёї  мустаќиман Хуршедро низ парастиш мекарданд. Ашу Зардушт њама устурањоро љуст, то мадракоти кофї ба даст оварад. Донист, ки Хуршед—Њварехшаета –нури дурахшон номи кураи осмонии машњур ва номи изаде буда, бо сифатњои љовидона, ройманд, шукўњманд ва тезасп меояд. Хуршед поккунандаи тухмаи Гаюмарт –нахустин инсони офаридаи Ањурамаздо ва нигањбони он аст. Дар миёнаи њафт пояи осмон Хуршед дар панљумин поя—Гародемана-Гарудмон=Анаѓри равшан, ё Анирон љой дорад.
Дигар аз муќаддасоти муњими динї оташ ва парастиши оташ боќї монд: дар баъзе кешњои куњан худи оташро мустаќиман парастиш мекарданд, бархе онро худо мепиндоштанд, бархе писари худо.
Зардушт ба ёд овард њама намудњои парастишњои оташро ва дигар охсиљ—чањор унсурро. Ва дар њайрат афтод, ки чаро обу оташу боду заминро мардумон худо хондаанд?
Чанд пањлуи ин масъаларо пажўњиш кард. Пас аз як поси шаб бо њамин саволи бељавоб лањзае ба ѓанаб рафт.
Зардушт субњи барваќт бо њамин савол аз хоб бархест, маросими покшавиро иљро кард. Оташ дар гиронд ва сари андеша нишаст. Мантраи варљовандро хонд ва аз изадон мадад љуста, такроран аз осмон пурсид:
—Чаро обу оташу боду заминро мардумон худо хондаанд?
Бо ёрии осмон пеши рўяш манзарањои аљиби замони начандон дур падид омад:
Пањнањои васеи Ориён вайљ пас аз расидани сармоњои ањриманї ба зиндагї нобоб шуданд. Ин таќрибан мавзеи њозираи кўњњои Урал, љануб ва маљрои дарёњои бузурги Сибир буд. Чун дар сармоњо ягона чароѓи осмон—хуршед бо нури худ зулмотро пароканда мекард ва гармї медод ва яккаву ягона буд, ва аз гармии ў љањон пур аз гулу гиёњу мева мегашт, нахуст хуршедро худо хонданд ва худрову табиати зиндаро офаридагону бандагони ў. Бале, он чи камёб, дастнорас ва дур аст, худо хонда шавад. Аз ин љост, ки бархе зарро низ чун худо парастиш кунанд ва ба љои масрафи зарурї худ ѓуломи њалќабаргўши он шаванд ва онњоро бандагони зар гўянд.

36. ОТАШ

Аша Зардушт дарёфт, ки парастиши оташ дар ањди ќадим будааст: Оташкадаи Озаргушнасп, ки дар миёнаи оташкадањои сегонаи маздопарастон маќоми аввалро дорад, дар соњили кўли Чаечест љой гирифтааст. Озаргушасп то њангоми подшоњии Кайхусрав њамеша паноњи љањон буд. Ваќте ки Кайхусрав буткадаи кўли Чаечестро вайрон намуд, девон оташро кушта, њама љоро торик карданд. Вале оташак ба ёли аспи шоњ фурў нишаст, сиёњї ва тирагиро бартараф намуда, рўшної бахшид, ва шоњ ба тавре, ки ў тавонист буткадаро вайрон кард. Оташи муќаддаси Озаргушасп  дар њоле ки бар ёли аспи Кайхусрав ќарор гирифта буд, тирагињоеро ки ба дасти соњирон эљод шуда буд, аз миён мебурд ва чунон нури дурахшон эљод мекард, ки бутхонаро комилан равшан менамуд. Ва Кайхусрав пас аз вайрон кардани бутхона дар њамон мањал, дар болои кўњи Аснаванд маъбаде сохт ва Озаргушаспро дар он љо нишонд.
Аша Зардушт ба ёд овард ривоятеро, ки Ањура Маздо Озарро аз равшании бињишт баргирифт ва ба замин, ба назди мардумон фиристод. Ин њангом оташ гирён шуд ва аввал нахост ба сўи одамони осї ояд.
Дигар чизе, ки Ашу Зардушт ба ёд овард, ривояти корномањои абармарди њама замонњо Гаршосп буд. Ва ў бо њайрат дарк намуд, ки њама корномаи Гаршоспи пањлавон дар назди  як маротиба хор кардани оташ ночиз ва беањамият гардидаанд.
Дар назари Ашу Зардушт манзарањои он ривояти куњан љилвагар шуданд:
Инак, аз торикии ќаъри таърих Гаршосп берун омад, ки аз љониби донандагони њолу ривояткунандагони ќиссањои куњан њамчун абармарди «забардаст, гесудор, гурзбардор» наиримано-марднињод, мардсиришт, нарммизољ, васф шудааст ва бархе ўро шоњ хондаанд ва бархе гуфтаанд, ки њамроњи шоњ Узав якљоя подшоњї кардаанд. Фарраи љанговарию далерї –яке аз се фарраи Љамшед пас аз гусаста шудан аз Љамшед пас аз чандин замон ба Гаршосп мепайвандад. Соми Гаршосп барои тантанаи ростї душмани ростию дурустї –нўњ писари хонадони Пасанайа, писари хонадони Нивидка ва Доштаёнї, Њитоспи зарринтољ ва Варешва аз хонадони Дону, Питауна ва Арезу Шоманаро аз миён бардошт.
Бо вуљуди ин Урдубињишт аз Гаршосп озурда шудааст: Гаршосп нафањмида, дар болои Суврва—аждањои бузург таъом мепухт ва аждањо боре онро чаппа кард. Ночор аз нав њезум овард, то дубора хўроки худро пазад. Вале оташ дер рўшан шуда, дер шўъла баровард. Тоќати Гаршосп тоќ шуда, бо гурзи хеш ба рўи оташ—охшиљи муќаддас фуруд овард.
Аз ин кор Урдибињишт озурда гардида, вайро аз дохил шудан ба бињишт бозмедорад.   
Гаршосп ба хотири сафед кардану узр пурсидан ба Ањура Маздо корњои неки худро ба ёд оварда мегўяд:
—Ман Срувара—аждањоро њалок кардам. Он аждањое, ки одамону аспонро дам мекашид: он, ки дандонњояш ба бузургии бозувони ман буд; он, ки гўшаш ба бузургии чордањ гирењ буд; он, ки чашмаш ба бузургии як чарх ва шохаш ба дарозии дарахте буд. Таќрибан нисфи рўз аз думболи ў давидам, саранљом сарашро ба чанг овардам ва ўро њалок сохтам. Агар ман ин аждањоро њалок намекардам, тамоми офариниши ту нобуд мегардид, ва ту њаргиз чораи Ањриман намеёфтї…
Ашу Зардушт тасаввур кард, ки ин манзараи дар пушти аждањои бузург хўрок пухтани Гаршосп чї дараља аљиб буд. Ва њикояти дигаре дар бораи набард бо деви Гандарева чи њайбате дошт. Аз ин ќањрамонии худ ёдовар шуда, Гаршосп ба изадон гуфт:
—Ман Гандаревро бикуштам, ки он якбора дувоздањ вилоятро фурў мебурд. Њангоме ки ба дандонњои Гандарева нигаристам, мардони бељон дидам, ки ба дандонњояш овехта буданд. Вай ришамро ба чанг оварда, маро бо худ ба дарё кашид. Дар дарё нўњ шабу рўз ба набард пардохтам. Он гоњ пирўзї аз ман шуд. Бо шитоб пойи Гандареваро ба банд кашидам ва пўсташро аз по то сар баркандам ва бо он пўст дасту пояшро бастам. Сипас ўро ба канори дарё кашидам ва ба Оњрура супурдам. Онгоњ 15 асп забњ кардам ва онњоро бихўрдам ва дар паноњи аспони дигар биѓнудам. Дар ин њол Гандарева дўстам Оњрура, њамсарам, падарам ва модарамро даррабуд ва ба дунболи худ кашид. Љумла ёрон ба болинам омаданд ва маро аз хоб бедор карданд. Ман ба фаврият ба по хестам. Дар њар гом сад ќадам мељастам ва њарљо ќадам ба замин мегузоштам, оташ аз он шўълавар мешуд. Пас аз замоне ба дарё расидам. Он одамон –Оњрура, њамсарам, падарам ва модарамро рањої бахшидам. Агар ман ўро намекуштам, Ањриман бар офариниши ту сарварї меёфт.
—Набарди дигари ман бо шайтони бузурги шохдор Снавизка аст, —бо њасрат идома дод Гаршосп.
Ашу Зардушт симои деви љавони худситой Снавизкаро пеши назар овард, ки худситої карда мегуфт:
— «Ман њанўз нобурноям—ноболиѓам, он замон, ки бурно шудам, ба балоѓат бирасам, аз замин чархе созам ва аз осмон фойтуне хоњам сохт. Он гоњ Спентамайнйуро аз бињишти равшану тобнок ва Анграмайнйуро аз дўзахи торику дањшатнок берун хоњам баровард. Њардуи онњо фойтуни маро ба дўш хоњанд кашид, агар Гаршоспи далер маро накушад»…
Боз гилагузорию худситоии Гаршосп пеши назари Зардушт омад:
—Аммо ман вайро куштам ва колбудашро ба диёри  нестї равон кардам…
Оќибати кори Гаршосп њамин шуд, ки Ањриман дар баробари офариниши сарзамини Вайакерета (Кобул) ба патёрагї ва људої, парии Хнатаитиро биофарид, ки ба Гаршосп пайваст ва сипас ўро Нийуик ном тўронї дар дашти Пешонсии назди Кобул бо як тир захмї карда, ба хоби сунъї водор кардааст. Он рўзе, ки Зањњок занљири худро шикаста, берун ояд ва дар љањон бинои вайронї гузорад ва ба ѓадру найранг оѓоз кунад, бо фармони Ањурамаздо Гаршоспро бедор намоянд ва ў Зањњокро њалок кунад.
Зардушт Гаршоспро дўст дошт ва ба худ гуфт:
—Гаршоспро ба сабаби ободие, ки кардааст, аз фурў афтодан ба дўзах пос дорам ва аз Озар инро хоњиш мекунам, ки ўро авф кунад. Бовар дорам, ки Озар ин хоњишро мепазирад ва равони Гаршосп ба њамастагон дар меояд.
Ниёиши оташ барояш эњтироми самимї ба ин охсиљи сўзанда ва созанда буд, чун пизишк ба ў  маълум буд, ки оташ яке аз воситањои муњими ба эътидоловарандаи њаёти махлуќони зинда аст. Ва дар таќвияти ниёишњои пешин беихтиёр бо тањрири наљиб навишт:
«Эй Озари Ањура Маздо Ањура!
Ба хуштарин равиш ба сўи мо ой.
Бо ромишдињандатарин шодмонї, бо шоистатарин дуруд ба њангоми додистони бузург ба мо рўй овар!
Эй Озар!
Туї мояи хушии Маздо Ањура, чун он Спандмену.
Туї мояи шодкомии ў бо коромадтарин номе, ки турост. Эй озари Маздо Ањура!
Туро намоз мебарем ва сипос мегузорем.
Ба ту наздик мешавем.
Бо андешаи нек, бо равиши дуруст, бо гуфтору кирдори доноии нек ба ту наздик мешавем.
Эй Маздо Ањура!
Зеботарин пайкарро дар миёни пайкарњо аз они ту донем: Он баландпойгоњтарин фурўѓи љањон, зеботаринро, ки Хуршедаш хонанд.
Эй Озари Ањура Маздо!
Туро ситоишу ниёиш, пешкаши хуб, пешкаши дилхоњ, пешкаши дўстона хосторам.
Туї барозандаи ситоишу ниёиш.
Бишавад, ки ту дар ин хонумон ба ситоишу  ниёиш барозанда шавї. Хушо марде, ки туро ба оини Аша биситояд, њезум дар даст, барсам дар даст, шир дар даст, њован дар даст.

Эй Озари Ањура Маздо!
Он њезуме, ки бишояд, туро бод!
Он бухуре, ки бишояд, туро бод!
Он хўрише, ки бишояд, туро бод!
Он андўхтае, ки бишояд, туро бод!
Бурное ба нигоњбонии ту гумошта бод!
Диногоње ба нигоњбонии ту гумошта бод!
То ту дар хонумон фурўзон бошї.
То ту њамвора дар ин хонумон фурўзон бошї.
То ту дар ин хонумон равшан бошї.

Эй Озари Ањура Маздо!
Зуд маро гушоиш бахш!
Зуд маро паноњ бахш!
Зуд маро зиндагии дароз, доної, ашаванї, забони шево, равони њушёр ва пас он гоњ Хиради фаровонифарогири нобуд нашуданї бахш.
Пас он гоњ маро далерии мардона, њамеша бар пой истода, бехоб ва дар оромгоњ низ бедор бахш.
Маро фарзандоне расову кордон, дингустар, кишварпарвар, ва анљуманоро, бо њам боланда, некандешу аз тангно паноњанда бахш, ки хонумону рустову шањру кишварро афзоиш бахшанд.
Эй Озари Ањура Маздо!
Маро он чи комраво созад, бибахш!
Акнун ва то абад, бињишти ашаванон ва рўшноии њама гуна осоишбахш маро арзон дор, то ман ба подоши неку номи неку зиндагии хуши радон расам.
Агар некмарде аз роњ расида, ба оини Аша њезум пешкаш оварад ва ба оини Аша барсам ва гиёњи Њаданаепта бигустурад, пас Озари Маздо Ањура  хушнуду наёзурда ўро хостори комёбї шавад, баракат дињад ва бигўяд:
—Бишавад, ки туро рамае аз чорпоёну гурўње аз мардон бошад.
Бишавад, ки туро зиндагиву манише варзида бошад.
Бишавад, ки зиндагиро ба шодкомї ба сар барї дар шабњое, ки хоњї зист.
Ин аст офарини Озар касеро, ки њезуми хушки равшанидидаи ба оини Аша покшуда назди ў оварад».


37. ОБ ЭЗАД АСТ?

Аша Зардушт сари муќаддас будани об ба ёд овард ривояти деринро: Барои наљоти мардум шоњ Љам вари бузурге сохт, вале то абад онљо истодан ѓайриимкон буд, пас аз охир шудани яхбандии бузург ва тўфони об, ваќте ки дар Вара дигар зистан ѓайриимкон буд, ќавмњои Ориёї барои љустани макони бењтар рў ба љануб оварданд.
Зардушт назари амиќе бар осмони кабуд андохт ва дар хаёли ў ќаторањои корвони ќавмњои ориёї падид омаданд, ки рў ба хуршед оварда, ба наздиктарин љойњои гарм—њудудњои Њафтрўд, моварои рўдњои Вахва Даитйа(Ому) ва Дону (Сир) омаданд. Азбаски ќавмњои Ориёї ба љои њиљраткардаи худ номи мањалли пешинаи худро низ мебурданд, ба дарёњои нав низ номи пешинаи мењани худро доданд ва рўди Сир Арангња ва рўди Омў Вахва Даитйа ном гирифт.  Дигар рўду љўйборњо низ номњои пешинаи рўдхои Ориёнвайљро гирифтанд.
Ќавмњои Ориёї оњиста њаракат мекарданд, њудудњои калонро пиёда тай мекарданд, ѓизо, тухми растанї,  донањои ѓалла ва либосњои ѓафсу гарми худро, ки њаргиз аз он људо намешуданд, дар чанањо мемонданд ва онњоро сагњои омўхта кашола мекарданд. Сагњо шабона ањли корвонро аз њуљуми гургу њайвоноти дигари вањшї, ки дар љангалњои Сибири љанубї-ѓарбї ва биёбонњои Осиёи Марказї зиёд буданд,  њимоят мекарданд. Аз ин љост, ки саг дар рўзгори ориёињои бостон маќоми хеле калон дошт. Њанўз асп ром нашуда буд. Аз ин рў корвонњо бе саросемагї, њафтањову моњњо њаракат мекарданд, марзњои калонро убур мекарданд ва љое, ки писандашон меомад, чанд муддат меистоданд.
Ваќте корвонњо аз биёбонњои гарми регзор мегузаштанд, дарк намуданд, ки муњимтарин чиз барои њаёт об аст. Љое, ки аќаллан рўди кўчаке, ё чашмаи бузурге воќеъ аст, он љо њаёт дар љўш аст, он љо одамон хона сохта, чорво парвариш намуда, заминњоро кишт намудаанд. Ва ин одамон дар чунин гармои сўзон ва биёбонњои беохири пур аз девбоду регборон ягона воситаи њаётро дар об дида, њар кадом љўй, рўд ва њатто оби чашмањои кўчаки худро худо хонданд ва парастиш карданд. Худои оби онњо Апам Напат ва эзади нигањбони оби ориёињои нав—Аредвисура Аноњита ба њам як шуданд. Вале боз чандин муддат мардумон ба эзадњои чор охсиљ, аз он љумла, эзади обњо чун ба Офаридгор мурољиат мекарданд:
—Бишавад, ки ту аз пайи додхоњї маро ба фарёд расї!
Маро ин комёбї арзонї дор, ки ман бузургтарин шањриёри њамаи кишварњо шавам; ки бар њамаи девону мардумон ва љодувону париёни ситамкор чирагї ****; ки девонро аз дороиву суд— њарду ва аз фаровониву рама—њарду ва аз хушнудиву сарфарозї—њарду бебањра кунам…
Вале чаро об худо бошад?
Дар ин боб китоби илњомбахши мо чї менависад?
«Яке аз Яштњои баландпоя ба фариштаи об Аредвисура Аноњид бахшида шудааст. Аредвисура (Аноњид) номи рўди бузург аст, ки аз кўњи Њукоро њаракат мекунад ва ба дарёи  (бањри) Фарох-карт мерезад… Ин рўд тамоми љањонро фаро гирифта, аз об таъ-мин менамояд ва дар канори њар яке аз ин рўд ќасри њазорсутун бо њазор даричаи дурахшон барои Аноњид барпост. Дар њар ќаср дар тахте  бистари покизае барои Аноњид густурдааст. Аноњид зани љавон, зебо, баландболо, баруманд, чењраозода, некўсурат бада, камарбанди танге дар миён бастааст.
Дар болои гардунаи заррини дар чањор асп баста, дар осмон ноз карда, обњои дунёро назорат мекунад. Дар тан либосњои зарин, гарданбанду дасмона ва мўзањои зарин, гўшворњои заррини чањоргўша дорад.
Аноњид яке аз фариштањои бисёр ќадим ва маъруф дар оини Маздо Ясно мебошад. Чї тавре, ки маълум аст, дар оини Маздо Ясно чор унсури табиат об, хок, оташ ва њаворо Муќаддас мењисобанд ва њар як унсур фариштае дорад…
Дар саросари Тољикшањр – Эроншањр аз ќадим то зуњури ислом маъбадњои ин фаришта амал мекарданд. Аноњид дар миёни юнониён бо номи Артамис ва римиён Дана мавриди парастиш ќарор дошт. Аноњидро дар Суѓд, Хоразм ва Бохтар Нана мегуфтанд. Нана маънои модарро дорад. Нанаро њомии шањри Панљакент мењисобиданд.
Бузург доштани чањор унсури табиат ва дар пояи эзидї парастидани онњо дертар аз оини «Авесто» ба фалсафаи Юнонзамин, алалхусус ба андешањои натурфалсафаи мактаби Милет дар Осиёи Саѓир (намояндагонаш Гераклид, Фалес, Анексимен, Анаксимандр) роњ ёфта, шўњрати фалсафаи Юнонро оламгир кард.
Дар таълимоти зардуштї макрўњ сохтани њар кадоме аз унсурњои Муќаддас —оташ, хок, об ва њаво гуноњи азимтарин ба шумор мерафт. Кор то љое расида буд, ки пайравони дини зардуштї љасади мурдаро ба хок намесупориданд, то ки аз огандаи љисми онњо бахшояндаи ризќу рўзии одамон  - Замин  нопоку палид нагардад. Ё худ зардуштиён њангоми адои тоату итоат дањонашонро бо матои махсус – паном мебастанд, то ки аз нафаси онњо оташи Муќаддас ва њавои гуворову муаттари оташкада ифлос нагардад. Њавои оташкадаро бошад, њамеша бо кофур, бухур, њазориспанд ва дигар  гиёњњои хушбў покизаву форам медоштанд.
Њамин тариќ, ситоиши аносири чоргона бо олињае, ки доштанд, аз вољибони пайравони оини зардуштї буда, њар кадоми онњо чун эзиди олитабор парастида мешуд.

38. ЌАСДИ ПАДАРАРЎСИ ВИШТОСП
 
Тўрон. Оромї. Оромии пеш аз љанг. Тўдаи саворагон бар сари кишоварзону галадорон тохтанд, шањрро сўзонданд. Бале, ин саворагони тундрав душмани азими шањрнишинон— кўчиёни чодарнишин буданд, ки њар замон ба шањру дењоти кўчак тохту тоз карда, харобї меоварданд. Виштосп бо маслињати шоњи Доха ба њимояти онон бархест ва борњо сарвари роњзанњои кўчиро шикаст дод.
Беш аз њама Виштоспро он чи ба љанги зидди кўчиён бармеангехт, ки дар ин шањрак аксари пайвандони шоњи собиќи пешдодї Нузар мезистанд, яъне аксар хешони наздики ў ва зављааш Њутаоса буданд. Дигар чизе, ки ба худи ў неру мебахшид, мардуми шањрак дер боз бо корњои осоишта машѓул гашта, хеле барањм шуда, шуѓлњо ва назокатњои кори љангро фаромўш карда буданд. Роњзанњо, ки аз тифлї барои љанг омўзонида мешуданд, аз ин њол истифода мебурданд ва овозаи пайдо шудани онњо боиси тарсу вањми шањрнишинон мегардид.
Он замон баъзан як пањлавони далер бо як дастаи хуб мусаллањонида метавонист бо фављи калони душман набард карда, љангро ба фоидаи худ њаллу фасл бикунад. Азбаски шањзода Виштосп илми њарбиро хуб омўхта, дар тану ќад низ аз дигарон боло буд, њамеша бо пешрави роњзанњо ба љанги тан ба тан мебаромад. Онњоро шикаст медод, вале сар намебурид, фаќат тавба медод, ки дигар ба шањрњои Доха њуљум накунанд. Ва дере нагузашт, ки дастањои гуногуни ќавмњои кўчии пархошљўй чунин тавба карданд ва ин сарзамин тинљу орсуда шуд.
Шоњи Доха дар размгоњ ќуввати бозуи Виштоспро дид  ва огоњ шуд, ки домодаш љавонмарди њузарбу пухтакорест. Осуда шуд ва пас аз андаке чунон маѓрур гашт, ки дар сари пурбоди ў фикри интиќом гирифтан аз душмани деринааш… Лўњросп пайдо шуд. 
Рўзе, пас аз дафъи њуљуми навбатии кўчиён дар  маљлиси хос ба Виштосп мењрубонињо кард, хилъати заррин бахшид, ўро њамчун фарзанди худ пазируфт. Сипас дар танњої ба Виштосп фармуд, ки љињати бож гирифтан ба Бохтар равад ва шоњ Лўњроспро маљбур намояд, ки ба ў лољуварду ѓаллаи фаровон дињад.
Виштосп зоњиран шод гашта, розигї дод, вале дар дил аз ин хиљил шуд. Ў эњсос мекард, ки ба давру давронаш ќирон меояд ва чунин њол дер давом карда наметавонад. Ё сирраш ошкор шуда, мењри шоњ ба ѓазаби ў мубаддал шавад, ё аз он бадтар – ихлоси онњое ки ба ў бовар доранд, гашта, ўро чун љосус бад бинанд ва душманиву кинтузї кунанд. Вале Виштосп то он рўз фањмида буд, ки нузариён—амузодагони ў нисбат ба шоњи Доха хеле сарданд ва аз сиёсати умумии ў дар канор мондаанд. Бо маслињати оќилонаи вазирзода Љомосп дар сўњбатњои хоса бо зављааш Њутаоса дар хусуси Бохтару бохтариён чунон бо мењр њикоятњо мекард, ки мењри шоњдухтар ба ин сарзамин ва фарзандони Лўњросп зиёд гардид. Љомоспи вазирзода низ дар байни њамнишинон—авлодони бонуфузи нузариён њамеша бохтариёнро ситоиш мекард ва ин ќавми бонуфуз ва дар љомеа маќоми хос дошта тарафдори ў шуданд. Бинобар ин, њангоме, ки Виштосп сирри худро кушод, Њутаосаи боњуш табассуми малење кард ва гуфт:
—Њоли аслии Виштосп бароям таќрибан маълум аст ва аз ин боке нест. Ман фарзанди сазовори падар њастам, аммо ту падари фарзандони ман њастї. Маро чора он аст, ки фармонбардори ту бошам. Ин лањза дар фикри осоиши падар мебояд шуд. Маслињат он мебинам, ки њам Кайлўњросп осуда бошад ва њам кин аз дили падари ман бардошта шавад. Ва гумон дорам, ки сарнавишт барои ин вазифа мањз туро баргузидааст.   
Њарду дар сўњбати фаврї бо вазирзода Љомосп њиллае андешиданд…

39. ЗАМИН ЭЗАД АСТ?

Пажўњишњои Зардушт идома дошт. Ў низ њоло ба таърихи башар бо шавќу завќи беандоза назар мекард. Пеши назари ў корвонњои мардумони ориёии навомада љилвагар шуд, ки мењани собиќи сармозадаи худро тарк карда, ба заминњои наве меомаданд, ки њавои гарму нарм дошт ва дар  ин љои нав њама намудњои меваю сабзавотро парвариш карда расонидан мумкин буд. Мардумони њар ќавм, ё як ќисми он ќавм, вобаста ба имкониятњои мавзеъ, водї, даште, мавзеи соњили рўду чашмаеро то дер манзилу макони зисти доимї карда муќимї мешуданд. Мардуми бумї, ки чандон зиёд набуданд, онњоро хуш ќабул мекарданд. Зеро ки корвон ба онњо чизи бисёре медод: асал, чормаѓз, мевањои љангалї, либосњои хуштарњи зимистона. Мардуми сафедрўю зебо ба дили онњо боварї ато мекард.
—Одаме, ки рўяш сафед аст, дилаш низ сафед аст, —мегуфтанд мардуми мањаллї.
Ва корвониён кишварњои зиёдро тай намуда асосу бунёди зиндагиро дар замини њаётбахш ва сарватњои он дида, худи заминро Худо хонданд ва ниёиш карданд.
Кист нахустин касе, ки Заминро бештар аз њама шодком кунад?
Касест, ки њарчи бештар мурдорњои мардумону сагонро аз хок барорад.
Кист дувумин касе, ки Заминро бештар аз њама шодком кунад?
Касест, ки дахмањои анбошта аз мурдорро фурў резад.
Кист севумин касе, ки Заминро бештар аз њама шодком кунад?
Касест, ки њарчи бештар лонањои офаридагони Ањриманиро бианборонад.
Кист чањорумин касе, ки Заминро бештар аз њама шодком кунад?
Касест, ки њарчи бештар гандуму гиёњу дарахтони мева бикорад, касест, ки заминњои хушкро обёрї ва заминњои тарро зањкашї кунад.
Замине, ки дерзамоне кишт нашуда бимонад ва базре бар он наяфшонанд, ношодком аст ва барзигареро орзу кунад; њамчун дўшизае хушандом, ки дерзамоне бефарзанд монда бошад ва шавњаре хуб орзу кунад.
Касе, ки заминро бо дасти чапу дасти рост, бо дасти росту дасти чап кишт кунад,  замин ба ў фаровонї бахшад; њамчун дўшизае тоза ба хонаи шўй рафта, ки дар бистари хеш шавњарро фарзандон бизояд, замин низ мевањои фаровон ба бор оварад.
Касе, ки заминро бо дасти чапу дасти рост, бо дасти росту дасти чап кишт кунад, замин ба-д-ў чунин гўяд:
Эй мард, он, ки маро бо дасти чапу рост, бо дасти росту чап кишт кардї! Мардум њамеша ба-д-ин љо дар оянд ва хостори нон шаванд Дар ин љо ман њамвора бор оварам ва њама гуна хўроку гандуми фаровон бањраи ту шавад.
Касе, ки заминро бо дасти чапу дасти рост, бо дасти росту дасти чап кишт накунад, замин ба-д-ў чунин гўяд:
Эй мард, он, ки маро бо дасти чапу рост, бо дасти росту чап кишт накардї!
Њамвора бар дари бегонагон ва дар миёни хосторони нон биистї; њамвора дар он љо чашм ба роњ монї, то туро аз дар биронанд.
Кадом хўрокест, ки дини Маздоро сер кунад?
Кишти гандум аст дигарбора ва дигарбора.
Касе ки ѓалла бикорад, Аша мекорад. Ў дини Маздоро бартару бартар мерўёнад. Ў дини Маздоро чандон неруманд мекунад, ки бо сад ниёиш тавон кард. Бо њазор ниёиш тавон кард. Бо дањ њазор пешкаше тавон кард.
Њангоме ки љав ба бор орад, девон аз љо бармељањанд.
Њангоме ки гандум фаровон бирўяд, дили девон аз њарос меларзад.
Њангоме, ки гандум орд шавад, девон нола мебароваранд.
Њангоме ки гандум хирман шавад, девон нобуд мешаванд.
Дар хонае, ки гандум инчунин ба бор ояд, девон беш намепоянд.
Аз хонае, ки дар он гандум инчунин ба бор ояд, девон дур ронда  мешаванд.
Њангоме, ки дар хонае анборе аз гандум бошад, чунон аст, ки оњани сурхи гудозон дар гулўгоњи девон ба гардиш ояд.

Ва Аша Зардушт ба хулосае омад, ки муќаддасии чор ихсиљ ва эњтироми он барои баќои њаёт зарур аст, аммо онро худо хондан нашояд. Зеро, ки пеш аз њама, чор унсури њаётбахш офаридаи Офаридгори яктои Њастї —Ањура Маздо аст. Пас, чизе ки худ офаридаи Худост, офаридгор нашояд.

Аша Зардушт сари талаботи динї андеша кард…
Бож—гуфторест барои њама ниёишњои кўтоњ, ки оњиста бар забон меронанд, ё зери лаб мехонанд. Ба мисли шукргузорї ваќти тановули ѓизо аз неъматњои эзадї њангоми хўрок сухан гуфтану бож накарданро гуноњ медонанд. Барои Аша Зардушт—ин њоли ѓизохўрї бештар ањамияти тиббї дорад: оњиста ва бе суханронии дурушту баланд, бо шукргузорї ѓизо хўрдан барои саломатии мардумон фоидабахш аст.
Мантра—гуфтори варљовандї, каломи муќаддас, сухани эзадї. Мантрадармонї—дармони бемор бо мантра, ки ба манзалаи гуфтордармонї ё равондармонї аст.
Дар бораи чанд чизи дигари муќаддас, аз он љумла моњии Васи ва Хара,  далелњои гирдомадаро дида, Ашу Зардушт табассум кард ва ба худ гуфт:
—Васї—як моњи асотирї дар дарёи Фарохкарт аст, хеле бузург ва дарозии ў ба андозаест, ки агар тундрав марде аз бомдод то шомгоњон шитобон биравад, њанўз онро натавонад паймуд. Њамаи љонварони маздоофарида дар дарёи Фарохкарт дар паноњи нигањбонии ўянд.
Хара—љонвари асотирии сепо, бо тане сафед, шашчашм, нўњпўзаву ду гўшу як шохи зарин, ки њазор шох андар он рўида; гўшњояш чандон бузург аст, ки сарзамини Мозандаронро фаро гирифтан тавонад; гирдогирди кўчактарин пояш њазор савор давр тавонад зад. Ин љонвар дар миёни дарёи Фарохкарт истодааст ва њангоме, ки сар дар оби дарё фурў барад ва гўшњояшро биљунбонад, дарё ба љўшу хурўш афтад ва ларзаву љунбиш дар каронањои кўњи Гановад падид ояд. Бар асари бонги ў њамаи љонварони модаи ањурої дар дарё обистан шаванд, ва њамаи љонварони ањриманї даштак (љанин) фурў нињанд. Полудани обњои дарё, ки ба сўи њафт кишвар равон шаванд, хешкории  ин љонвар аст. Агар Ањура Маздо ўро намеофарид, оби дарё аз газанди Ањриман зањрогин мешуд ва њамаи љонварон нобуд мегаштанд.
—Ин шараф ба хари бечораи борбардор басе бузург бошад, —андешид Ашу Зардушт. Агар моњии Васи, фарз кардем, ки дар бањри Фарохкарт биѓунљад, аслан, ин Хара шояд кўњистони бузургест, ки дарёњову чашмањои зиёде дорад.
—Пас, —ба хулоса омад Ашу Зардушт.—Вале муддатњо забонаш лол монд.—Ин чї сиррест яздонї? —Девон худо нестанд. Амшоспандон худо нестанд. Чор охсиљ—обу хоку оташу бод офаридгор нестанд. Вале замонњост, ки ононро ориёињо парастиш мекунанд, яштњо месароянд. Вале дар офариниши гетї танњо Ањура Маздо даст дорад! Пас, чаро дигар фурўзањоро худо хонем? Пас, мебояд, ки эзадњои некро ба эњтироми таъсири фавќулодаашон дар љараёни зиндагии одамон ва рустаниву њайвонот ситоиш кунем, яштњо низ бихонем, вале парастиш ва ниёиш танњо Њастибахши якто, худои яккаву ягона —Ањура Маздоро мебояд.
Ва дар дили он шаби торик ин фикри рўшан ба Зардушт хуррамї бахшид ва яштњое, ки то ин замон дар васфи Митраву Хуршед, Моњу Геушурван, Аредвисура Аноњита, Суруш, Рашн, чор охсиљ ва ѓайра мављуд буданд, дар шакли бењтару волотаре тањрир ёфтаанд.   


Бохтар. Балх. Кохи шоњони каёнї.
Лўњросп, албатта, бож додан нахост, худро мазаммат карда ба Њвогва гуфт:
—Њокими Дохаро куљо њаддест, ки аз ман бож талаб кунад? Ин њама аз иллати он аст, ки писарам Виштосп нобафармон шуд. Агар ў аз ман намеранљид, душмани кўчаки мо ба ин дараља бебок намешуд. Чї мебояд кард?
—Њоло Бохтар соњиби ному кулањбардори мењан аст.
—Бале. Љавоби эшонро бо разм бидињем. Чунин мебояд кард.
Ва Лўњросп лашкарро ба набардгоњ фиристод.
Ва лашкар огоњ набуд, ки ба њаместории шањзодаи кишвари худ мераванд.

40. ЊОКИМИЯТ —ПАРТАВИ ХУДОВАНД

Субњи барваќт Виштосп њамроњи сесад савор, ки дар байнашон гурдони бохтарї низ буданд, рањи биёбонро пеш гирифтанд. Суханњое, ки шоњи Доња дар мазаммати падараш гуфт, ўро ба ларза оварданд. Аммо аз мењрубонињои шоњи Доха ёд карда, ва чењраи мањзуни духтари ў Њутаосаро ёд оварда худро ба даст гирифт ваѓазабашро фурў нишонд. Дар айни замон сурату сирати ўро бо мењрубонию усули њарфзанї ва шўру шари падари худ Кайлўњросп муќоиса карда, дар хислату рафтори падар чизи ѓайримуќаррарие надид.
Ба Љомосп гуфт:
—Шањон дар њама љой як сон будаанд.
Ва дере нагузашт, ки њарду шоњро мазаммат карда, савганд хўрд.
—Агар Худованд рўзе маро сазовори тахт гардонад, њаргиз чунин тундраву тундхў ва беандешаву ѓаризаманд нахоњам шуд.
Љомосп, ки аз таърихи шањон огањ буд, бо истењзо гуфт:
—Бисёр касон чунин савганд хўрдаанд, аммо њангоме ки тахтнишин шуданд, аз ин фаромўш кардаанд.
Шом шуд. То Балхи Бохтар боз серўза роњ буд. Ќофила ба соњили рўди кўњї расид. Барои шом гузарондан ва порае роњат кардан љой густурданд.
Виштосп њамроњи Фрашаоштра гирди гулхан нишастанд. Ва суоле ки то њол ба он ањамият надода буд, ба ёдаш омада пурсид: 
—Ин чї божест, ки бояд падари ман бардињад?
Пас аз бартараф кардани эњсоси нозуки узви њарду хонавода шудан, ин масъала Виштоспро ором намегузошт. Вазирзода Фрашаоштра Њвогва дар гирди гулхан њама асрори шоњони пешдодиву каёниро ба ў њикоят кард ва бо ин бори дигар имкон ёфт, ки дониши васеъи худро намоиш дињад ва шоми њиљронро кўтоњ бикунад. Виштосп низ саволи худро фаромўш карда, мафтуни тартибу зимоми давлатдории шоњони каёнї гардид ва барои пок доштани падидањои бењтарини ин тамаддун худро вазифадор кард.
—Аљиб аст ин,—натиља бардошт Виштосп аз њикояти муфассали вазирзода. —Агар подшоњони бофарр гуноњњои азим кунанд, фарри худовандї аз онњо дар шакли уќоб ё шоњин људо мегардад.  Аз ин љост, ки дар парчами пањлавонон ва подшоњони бостонии мо сурати уќоб ё шоњин тарсим мешавад. Дар рўи дирафши мо низ сурати уќобро бикашед.
Саволњое, ки мудом сари Виштоспи љавони пурѓуруро озор медод, дигар дар дилу тани ў ѓунљида наметавонист, пурсид:
—Ман аз тўрониён, саёниён ва доњаињо фаќат мењрубонї дидаам, аммо чаро  онњо падари маро дўст надоранд?
Фрашаоштра аз ривояти шифоњии ба номи њарсе писар—Салм, Тур ва Эраљ се ќисмат кардани мулки Ориёї  аз љониби шоњ Фаридун, кушта шудани Эраљ  аз дасти бародаронаш Салм ва Тур, ба кини падараш Эраљ амаки худ Турро куштани Манучењр, ба кини Тур  Манучењрро нобуд кардани писари вай Афросиёб,  аз духти шањи туирйа Афросиёбу шањи аирйа— Кайковус зода шудани Сиёвуш ва Сиёвушро куштани Афросиёб, нињоят ба кини Сиёвуш аз љониби писари Кайхусрав кушта шудани ќариб њама амузодагонаш Афросиёб, Гарсеваз, Пирони Виса, бародарони Сиёвуш ва дигарон ва нињоят, Лўњроспро валиањд хондани шоњи наљиб Кайхусрав, њамаро ба ёд овард.
Виштосп андешид, ки гаронии лашкару мулк њоло кафолати хуррамии абадї набошад. Бинобар ин ба таърихи муносибатњои ин ду ќавм мутаваљљењ шуда пурсид:
—Афросиёб дар як мулки хеле кўчак иќтидор пайдо кард, пас чи тавр тавонист, ки бар Кайковуси тавоно ва сарзамини бузурги ў чира шавад?
—Девон барои њалоки Кайковус муттањид шуданд ва Аишма —деви хуношоми хашм равони Кайковусро табоњ кард ва акнун ў бо вуљуди фармонравои њафт кишвар будан њам хурсанд шуда наметавонист, дар андешаи фармонравої бар осмон ва рафтан ба љойгоњи худоён кард ва бо Њурмузд ситеза намуд. Кайковус њаваси парвоз кардан ба осмонро кард ва бо маслињати донандагон чор уќоб тахти ўро бардошта, пас аз муддате парвоз ба Омул фуруд омаданд. Бархе гўянд, ки Кайковус гумошт аз барои рафтан бар осмон чархе бисозанд ва онро ба абзори лозим оростанд. Худованд ба бодњо амр кард, ки ўро то ба абрњо бирасонанд, пас аз он ба њоли худ бигузоранд. Он гоњ Кайковус партоб шуда, ба дарёи Фарохкарт афтод. Аз фурсат истифода бурда, Афросиёб кишвари ориёињоро забт намуд.
Виштосп ин ќиссањоро дар даврони бачагї шунида буд. Барои шањзодагон одатан устодоне дарс мегуфтанд, ки таљрибаи рўгор дида, таърихи ниёгонро ба хубї медонистанд.  Вале чун њама бачањо дар сари ў фикри машѓулият бо шикору љангафзорњо бештар буд ва бисёри онро афсона пиндошта, аксари он ќиссањои дилошўбро фаромўш мекард.
Њикояти Фрашаоштра таърихи куњанро боз ба ёд овард, ки чи тавр пас аз њалоки ногањонии Кайковус Гударз писари худ Гевро ба Тўрон фиристод, то Кайхусрав ва модарашро ба Эрон биёрад. Аммо Тўс инро намехост ва ба љои набера писари Кайковус—Фарибурзро пешнињод кард. Аммо ба њар оин, тахту тољ ба Кайхусрав расида, ў ба љои бобояш шоњ шуд. Вале шарњи таърихи аљибтарин—падидоии худи Кайхусрав ва падари ў Сиёвуш ба хотираш намондааст.
Бинобар њамин пурсид:
—Кайхусрав чаро дар Тўрон тавлид шуд?
—Ин ќисса чунин оѓоз шуд: пањлавонони пешрави асилзода Тўс, Гев ва Гударз дар шикоргоње ба духтари зебое, ки аз тарси ханљари тези падари масти худ сар ба дашту биёбон нињода буд, вохўрданд. Вай аз хонадони Гарсеваз –бародари Афросиёб буд. Тўс гуфт, ки духтар аз ман аст, зеро ки ман ўро ёфтам. Гев гуфт, ки аз ман аст, зеро аспи ман аввалин ба ин љо расид.
Бањри доварї ба шоњ мурољиат карданд. Кайковус шефтаи ў гардида, вайро ба занї гирифт. Аз ў Сиёвуш тавлид шуд. Судоба ба ў ошиќ шуд, вале ваќте ки Сиёвуш рад кард, ба ў тўњмат намуд, ки мехост ба ў зино кунад. Барои санљиш Кайковус ўро дар Абарќувва аз вараи гарм— кўњи оташ гузаронд. Сиёвуш барои рањої аз кинаљўињои модарандараш ба назди Афросиёб рафт, ки амуи модараш мањсуб мешуд. Сипањсолори Тўрон Пирони Виса ба ў духтараш Љарираро дод, Афросиёб духтараш Фарангис—Виспон Фрияро дод. Пас аз чанде дар натиљаи рашку њасад ва бадгўињои бародар Гарсеваз шоњи Тўрон Афросиёб аз домодаш бадгумон шуда вайро кушт. Аз Фарангис— духтари Афросиёб писаре бо номи Кайхусрав ва аз Љарира Фуруд таваллуд шудааст. 

Пас аз шоњ шудан Кайхусрав пайи кини падар бар зидди Афросиёб љангро оѓоз кард. Дар љанги аввали Кайхусрав бо сарварии Тўс бародарандараш Фуруд кушта шуд. Дар љанги дуюм сарњади байни Эрону Тўрон муайян гардид. Пирон кушта шуд. Афросиёби гурехта дар ѓор пинњоншударо Њуми порсо дар соњили кўли Чаечест ба дасти Кайхусрав месупорад ва он љо ў ќатл карда шуд.
Мутобиќи ривоятњо ва маълумоти Авесто Кайхусрав аз Афросиёб —подшоњи Турон кини падараш –Сиёвушро ситонида, кишварњои Ориёноро бори дигар муттањид мекунад. Вале сипас вай аз подшоњї даст кашида, аз чашми мардум нопадид мегардад.
—Падари ман аз пайвандони шоњ набуд, —нохост худ натиља бардошт Виштосп.— Пас чи тавр тахти шоњиро аз Кайхусрав гирифт?
—Шигифттарин кори таърихи ориёињо њамин аст,—иќрор шуд Фрашаоштра.
Ва пеши назари њарду манзараи њанљаманаи бузурги ориёињо љилвагар шуд:
Боргоњи Кайхусрави на чандон пир. Дари тахтгоњ мањкам пўшида аст. Посбонон касеро барои вуруд рухсат намедињанд.
Бузургони ќавм гўшанишинии шоњ ба њайрат омада, Золро вакил карданд, то аз Кайхусрав њол бипурсад.
Зол пас аз илтиљои зиёд ба боргоњ рањ ёфт ва аз Кайхусрав илтиљо кард, ки назди бузургони ќавм барояд ва сухане баргўяд.
Ва нињоят Кайхусрав ба њанљамана омад ва гуфт:
—Њарчи маро дар ин љањон орзу буд, Худои азза ва љалла маро бидод ва кунун ба ибодат машѓул бошам ва кори онљањонї кунам ва аз мулк хешро берун оварам. Шумо ин мулк њар киро хоњад, бидињед.
Ин кори Кайхусрав нахустин истеъфои шоњи кишвари абарќудрат дар љањон буд. Бинобар ба бисёр касон ба ин маънї нокушуда монд
Эшон њама ѓамгин шуданд ва сахтї карданд.
—Ин чї њарфест, шањо? Ту њоло пурќувватї ва Ориёно њаргиз чунин осуда ва пуршукўњтар аз имрўз набуд. Фару тољи каёнї зебандаи ту аст…
Аммо чунин гуфтор њељ суде надошт.
Ба гумони мо, касе ки хун рехтааст, њаргиз осуда нахобад, њарчанд ки барои адл бошад. Ва аммо он чи Кайхусрав пешбинї карда буд, дар љараёни љангњо тамоман ранги дигар гирифт. Дар кушта шудани Сиёвуш аслан шоњи Тўрон Афросиёб ва бародари ў Гарсеваз гунањгор буданд, ки бо бадгўии ў Сиёвуш ба ќањру ѓазаби Афросиёб гирифтор шуд. Ва бо талаби кулли мардум Кайковус ба кини падараш Сиёвуш хостори љазо додани фаќат бобояш Афросиёб ва таѓояш Гарсеваз буд. Вале дар ду љанги бузурги байни Эрону Турон бисёр номварони Турон, аз он љумла бародарони худи ў ва бобои дигараш Пирон кушта шуд, ки аз онњо накўињои зиёде дида буд. Аз љониби дигар, ба воситаи силоњу салењ Тўронро ба таъзим нишонданд, вале ба чашми дил медид, ки эњсоси гирифтани кини тўрониён аз сару дили номварони он њаргиз дур намешавад. Бо хун пайвастани дилњо ѓайриимкон будааст. Ў хабар дошт, ки дар болои дарёи Фарохкарт чанде аз фарзандони фироркардаи Афросиёб љоњу љалол кардаанд ва љоеро, ки хуни Афросиёбу Гарсеваз рехтааст, гиромї дошта, чун буту бутхона гирдашро бо сангдевор печонида парастиш мекунанд ва њама пайвандони худро ба он ќатлгоњ оварда, ба хуни ниёгони номдорашон ќасам дода, барои гирифтани кини эшон савганд мехуранд. Ин маънои онро дошт, ки душманї ва кинхоњї абадї аз дилњо нарафтааст. Кош  Кайхусрав медонист, ки њол чунин мешавад, вагарна, бо он донишу назокату мењрубоние дошт, њаргиз намегузошт, ки на танњо хуни нафаре рехта шавад, балки мўе аз тани касе бељо гардад. Ва ин њама эњсоси ногувор ба дараљае ўро хаставу бемадор карданд, ки ў худро сахт гунањгор мењисобид, вале ёрои онро надошт, ки аз ин андешањои худ касеро огањ кунад. Зеро хавфи онро дошт, ки ўро ба пушаймонї аз рехтани хуни њамќавмони тўрониаш гунањгор бикунанд. Ку њамдаме, рафиќи дилогоње, ки дили касро бифањмад?  Бинобар ин чорае надошт ва ќарор дод, ки аз сирри дилу андешањои ѓализаш касеро огоњ накунад ва њама эњсоси ногуворро бо худ бибарад. 
Бинобар ин, Кайхусрав ноилољ пеши сарони мулк баромад ва гуфт:
—Чунон ангоред, ки ман бимурдам ва оќибат мебояд мурдан. Њар чї аз паси вафоти ман хоњед кардан, акнун бикунед.
Чун донистанд, ки ба ў њиллат нест, гуфтанд.
—Шахсе моро номзад кун, ки ин мулк бад–ў дињем.
Ва Лўњросп он љо нишаста буд ва аз ањли байти малик буд. Кайхусрав ба абрў ба сўи вай ишорат кард ва хомўш буд.
Зол ба интихоби Кайхусрав эътироз намуд.
 —Лўњросп дуруштхўй ва кинаљўй  аст, бар гунањгорон намебахшояд.
 Кайхусрав Золро сухан манъ кард.
 —Сухан кофист. Маро бар шумо амри дигар  нест.
 Зол аз густохие, ки карда буд, хок бар дањон кард ва пўзиш хост:
 —Хокам ба дањан, маро бубахшой, шањи некдил…
Баъзе гўянд, ки Зол њаргиз ба подшоњии Лўњросп њамдостон нашуд ва ба ў итоат накард ва ин кудурату ранљиш ба фарзандон низ расид. Аз ин љост,ки чун Лўњросп ба подшоњї расид, Балхро пойтахти худ кард.
Кайлўњросп аз хонадони Нўзар— амуи ориёии Кайхусрав аст. Шояд ба ин хотир Кайхусрав чунин кард, ки пайи кини Афросиёб ягон тўронї бар  зидди фарзандони ќавми аирйана барнахезад ва дигар байни аирйанањо ва туйирйа љангу хунрезињо нашавад…Тамоми таърихи садсолањои охир, пас аз кушта шудани Эраљ фаќат љангу хунрезї барои гирифтани ќасос, рехтани хуни њамдигар барои кини Эраљ, кини Тур, кини Манучењр, кини Сиёвуш ва ѓайра мегузашт. Кайхусрав худ кини падар Сиёвушро гирифта буд, нек андешид, ки агар шоњони пасованди ў  аз фарзандони ў бошанд, пайвандони Афросиёб ба бањони кини падари худ боз њам бар зидди онњо бархезанд ва халќи зиёде кушта гардад. Ва шояд ба њамин хотир, шање баргузид, ки бо ў ќаробати хунии бевосита надошта бошад. Фарзанди хонадони шоњи собиќ Нўзар, ки ўро мањз тўронињо кушта буданд, ба ин маќсад мувофиќ омад.
Пас аз ин сўњбат Виштосп чи андоза фољиавї будани вазъи худро фањмид ва ба моњияти суханњои рўзи фирор аз Балх  гуфтаи Фрашаоштра —«Ба Тўрон меравем? Рањи Сиёвуш такрор мешавад?» сарфањм рафт. Ва ба чунин хулосае омад:
—Бидуни хонаи падар дар њама љой ба ман хатарњои зиёд тањдидгар аст. Мабод, ки рўзи Сиёвуш бар сари ман ояд.
Вале љангу хунрезињо на фаќат барои кини хуни шањон барпо мешуданд.

41. СУЌУТИ ДАРЕЉЙА, ЗОДГОЊИ ЗАРДУШТ

Аз субњ, њамчун шахсе, ки ба ин хонадон хизматњои зиёд кардааст, Дулакаета ба њавлии Братрокрештур омад. Азбаски шаб дар мантрадармонии беморе нишаста, сипас бо бањонаи сўњбати гарм хўроки гарму нони гарми беморро дурудароз, ќариб то субњ нўши љон карда, кам хобида буд, мўйњояш араќ карда ба њам часпида, риши на чандон баланди мошубиринљаш чун гандуми аз боду борон хобида, ранги рўи хурди ќоќинааш пуркида, ўро чун мурдаи шабмондаи нагўронида вонамуд мекарданд.
Ба дари хонаи тўйдор омада, Братрокрештурро њафт ќабат ситоиш карда зикр намуд:
—Аз њастии шумост њастии мо, аз хандаи шумост хандаи мо, аз гармии нури рўи шумост гармии нону хонумони мо… Њаќќо ки шумо Рашни моед, Митраи моед, Суруши моед, Хуршеди моед,  Мовангњаи моед, Аредвисура Аноњитаи моед, Амшоспандони моед!
Одатан, Братреш ба љавоби ў «пири мо шумоед, дуогўйи мо шумоед, наљотбахши мо шумоед», гуфта ба пешвозаш мебаромад. Аммо ин субњ овози ў садо надод. Аз пайвандону ходимон, ки ба Дулакаета ихлос надоштанд, одатан хеле сард љавоб мегуфтанд. Вале ин дафъа сухани сарди онњо низ садо надод.
Чун дид, ки соњибхона бо тањсини одатии худ дер мекунад, илова кард:
—Њаќќо ки шумо барои мо худи эзади эзадон њастед.
Ситоиши соњибхона боз аз нав ва хеле дурудароз давом мекард, агар ходими пир баромада намегуфт, ки њоло Братрокрештур наомадааст.
Дулакаета афсўс хўрд. Агар њоло Братрештор мебуд, албатта подоши дурусте медод. Ба паси хона гузашта, рост ба сари деги палав омад ва аз рўи одат хамёза кашида, гуфт:
—Аз сањар биниам мехорад. Гўшт мехўрдаем-да… Зиндаву поянда бод ошпази бењтарини мањаллаи мо, на…тамоми кишвар, на-на, хато кардам, бењтарин ошпази  тамоми гетї!
Овози пурќуввати ў, ки дар ќироати ниёишњо муњим буда, мардумон танњо ба ин хотир меписандиданд ва ба њама ќилиќњояш тоќат мекарданд, андак хиррї шуда буд.
Дар дили ошпази аз нимашаб овораву аз хоб монда вањме падид омада нороњат шуд, гумон кард, ки љине омадааст. Љуссаи пакана, рўи серпашм бо  дањони аз хамёзакашї ялаи Давлакат аз ягон љайнибачаи тасаввурї камдањшаттар набуд. Ошпаз ба гиребонаш туф карда бо эътироз гуфт:
—Туфу, гурдакаф кардї. Аз шаб боз дасти ман мехорад. Ба фикрам, кадомеро мурданї бо мушт мекўбам.
—Чї, тарсидї?
—Гумонам худи Насу— деви марг омад.
Дулакаета ранљида бошад њам, медонист, ки ин ранљиш ба фоидаи ў нест. Бинобар ин филфавр суханро ба њазл баргардонда тамаллуќкорона давом дод:
—Мо ана њамин хел зўрем. Ба њаќќи деви Насу, ба њаќќи пири ошпазон як каф дуо аз тани мову, як пораи линги гов аз љониби шумо ва дигар ягон паири—маири њам гирди туву деги ошат њаргиз тоб нахоњад хўрд. Биё, бароят мантрадармониро бихонам…
—На, ман њоло девона нашудаам.
—Савоби мантра зиёд аст, фаќат барои девонањо нест…
Ошпаз барои зудтар халос шудан аз ў ва нашунидани овози пуртањлукаву баланди ў ѓур-ѓуркунон ба пеши Дулакаета як кафгир ошу порае гўшт партофт.
—Аз дев халосї њасту аз ту не. Бигир, зањри маргат шавад.
—Худо ба Братрокрештур баракат дињад…
Пас аз хўрдани гўшт Дулакаета осуда шуд. То омадани мењмо-нон камаш як соат ваќт буд. Ва ў метавонист… осуда бихобад.

Ё пешакї дилаш гувоњї медод, ё пеш аз омадан ба висйа Братрокрештур хабаре шунид, ё аз љониби мубади мубадон супориши фаврие гирифт, ки хеле дер, њамроњи ќофилаи домод ба дења расида омад. Он њайат аз чї бошад, соате беш нанишастанд ва баробари арўсро аз хона баровардани онњо Братрокрештур низ бархест. Ба фармони ў тамоми писарон ва ходимони тануманди ў ба муњофизати ин ќофила баромада, бо шитоб рафтанд.
Азбаски худи Братрокрештур рафт ва арўсу домод баромаданд, маърака ба њисобе тамом шуд. Нисфи нозу неъмати маърака монд. Пањлавони мањалла Зав, ки дар љуссаву њунари мардї касе ба ў баробар намешуд, дар дења кори ба худ мувофиќ намеёфт ва мудом худро гурусна эњсос мекард, вале зављааш инро чашмгуруснагї мењисобид. Ва он рўз ба умеди оши тўйи њамсоя хўроке напухт. Чун Зав ѓизо талаб намуд, зан ўро ба тўй равона кард. Вале Зав дид, ки мардум кам монда, алллакай њама хона ба хона рафтаанд, ў њам намаке начашида ба хона баргашт.
Зани бечорааш аз дидани Зави гурусна албатта ношод шуд, ваъда дод, ки соате бихобад, барояш каллапоча тайёр мекунад. Почањои як гўсфанди тўй ба ў расида буд. Зав ин ваъдаи ширинро шунида, шўрбои серравѓани пас аз соате тайёр шавандаро бо њавас пеши назар оварду дар љои истодааш чун дарахти аз бех буридашуда афтода, худро рўи кўрпача њаво дод ва њамоно хобаш бурд.
Мубади мубадон, Пурушаспа ва дигар мубадёрон, ки пеш аз њама аз маърака баромада буданд, ба маъбад омаданд ва ниёишњои нимарўзиро иљро карданд. Дар байни онњо Мубад Дулакаета набуд. Вай аз он дилозурда шуд, ки Братреш ўро барои њамроњї ба ќофилаи домод даъват накард. Тамоми гетї дар назараш торику бемаънї намуда, худро нотобу бемадор њис кард ва бо ин бањона аз ниёиш даст кашид, ѓур-ѓуркунон ба хонааш рафта хобид. Хоб баъди зар ва ѓизо барояш яке аз хуштарин машѓулият буд. Хобњои бароњат медид. Зављааш њам хоби ўро дўст медошт: аз ў камтар дашному мазаммат мешунид. Бале, мубад, ки аз рўи вазифа ва маъвизањои динї мудом њамаро ба хушахлоќиву хушзабонї даъват мекард, лањзае аз бадгўиву ѓайбати дигарон ором намешуд.
Вале ин дафъа ў хоби нороњате дид.
…Дар мањфиле ба Дувлакаета љомаи зарин пўшониданд. Вале баъд гуфтанд, ки хато шудааст, вай насиби Братрештур аст. Дулакаета бонг зада Братрешро дашном дод. Ѓалоѓула бештар шуд. Њама тарафдори ў шуда, Братрешро дашном додан гирифтанд. Аз куљое ба дасти Дувлакаета корди калоне афтод. Ба тарафи Братреш рафта кордро ба њаво бардошт то бар љигари ў занад.
—Чаро маро ба хонаи домод набурдї!?…
Вале Братреши пурќувват пешдастї кард ва муште бар дили ў зад…
—Бархез!
Дулакаета нолише карда бедор шуд. Дарвоќеъ рўи њавлию даруни хона ѓалоѓула буд. Вале ба љои Братрокрештур чанд марди ношиносро дид. Ба њуљраи хобаш ду роњзан даромада буданд. Яке аз онњо лагаде ба синаи ў зада буд.
Дулакаета чашмонашро молид. Гўё њоло њам хоб медид.
—Братреш куљост?—пурсид роњзан.
—Лаънат ба Братрештур,—нидо кард занаш.
—Ту бародархондаи Братреш њастї?—пурсид бо тањдид сипоњї.
—На, на. Ман аз рангу рўи ин хел бародар безорам.
Тамоми шањрак ба шўр омад. Дастаи калони девзодагони Кахвареда бо хоњиши корфармои румї Сакаф ба шањрак омаданд. Модом, ки Братреш зари зиёд гирифта, лољуварди камтар фиристод, ќарор дод, ки аз Братрештур бо њамин роњ ќасос гирад. Ин кори хеле номардона, вале ноилољи Сакаф ягон нафарро бетараф нагузошт. Зеро ки роњзанон ба дигарон низ дарафтода, бо бањонаи ёфтани Братрокрештур ва одамони ў чизе талаб мекарданд.
—Яхдонатро кушо, —амр кард роњзан ба зани Дулакаета.
—Чаро?
—Братрешро мељўем.
—Братреш дар яхдони ман чї мекунад? Бо он љуссаи бузург чї тавр дар ин сандуќи хурд биѓунљад? Бирав, ўро аз яхчоли худаш биљўй.
Роњзан аз мантиќи сухани зан дармонда, ѓазаби худро ба Давлакаста равона кард:
—Куљост Братреш? Куљоянд пайвандони ў? Дўсти ў ту будї. Бигўй.
Боз як мушт ба дили ў бархўрд ва Давлакаста тамоми ќањру ѓазаби худоњоро бар сари Братреш рехт. Бори аввал Дулакаета номи ўро бо шикаст ва шикаста гирифт, вагарна дар лањзае дањ бор зарур њам шавад, номи ўро пурра мегуфт. Аммо њоло ўро ба ќаттолтарин душмани худ мењисобид: 
—Худо љони Братреша гирад. Куљо вай бойбачаи балозада бо мани бечора дўстї мекард!? Ман саги кўчаро дўст дорам, вале аз Братреш њамеша љигарам реш-реш буд.
—Пас нишон дењ љойњои нињонї ва хешовандони ўро!
Ва Дулакаета ба пой хеста, њама љойњои пинњонии пайвандони Братрешро ба дасти худ нишон дод. Роњзанњо њама љойи хонаро кофта чизи ба худ зарур—зару зевар ва санги лољувард пайдо карданд, вале кофї набуд, хеле камтар аз ваъдакардаи Сакаф буд.
—Куљост сарвати Братреш?
—Аљаб нест, дар хонаи хешовандон ва дўстон пинњон кардааст.
—Кистанд онон? Бигўй.
Ва Дулакаетаи ба њама аз боби одамигариву мењанпарстї пандгўянда ќариб њама сарватмандони висйаро ном бурд. Ин фикр ба сарвари девзодагон Маидийар писанд омад. Ва азбаски табиати роњзан чунин аст, зуд Братрешро монда ба молу њоли дигарон дарафтоданд.
—Чї шуѓл дорї?—пурсид Маидийар аз Дулакаета.
—Гадои рањи худоям, мубадам, бечоратарин касам. На зар дорам, на хоставу ѓулом. Аз тамоми моли дунё њамин як кулбаи пурѓам ва як зављаи чун дев зиште…
Бо ин бечоранолї Дувлаката хост чанд тангаи заррину мисини худро наљот дињад. Аммо сарвари роњзанњо гуфт:
—Ту ба ман маъќул шудї, њамроњи мо меравї, коњини мо мешавї.
—Ба чашм,— хушомадкорона тасдиќ кард Давлакаста асли маќсадро нафањмида.
—Ту барои ман мисли паёмарї, —маккорона гуфт Маидийар.
—Сарфарозам…
—Ту сазовори ситоиш њастї.
Аз шодии ногањонї дили сиёњи Дувлакаста шод шуд, шукрона кард, ки эзадон ба ў рањмдиланд ва аз бузургиаш њамеша њама бузургон бо ў њамкору дўст мешаванд ва боз ба шиква гузашт:
—Нињоят, адолат бар љањон чира шуд: мардумони шањри мо њаргиз ба ќадри ман нарасиданд. Инњо аслан одамї нестанд, мисли хар бетамизу бехираданд, барои як пайсаи мисин њамаро фурўшанд. Изадон нигањбони шумо бошанд. Ман, ман худам ба шумо хонаи њама сарватмандонро як ба як нишон медињам. Фрийона, Зередаза, Сатависйа…
Њар номе гирифта шуд, Маидйар амре мекард ва дастае ба он њаволї мерафт. Ва роњзанњо чандин хонаро ѓорат карда соњиби чизи дилхоњи худ—зару зевари фаровон шуданд. Ва чандин марду зани то ин дам соњибдастгоњу сарбаланди шањр дар як лањза ѓулом гардидаанд.
Вале њангоме ки Дулакаета хонаи Зардуштро ном гирифт, сарвари девзодагон хомўш монд. Ў хотираи ќавї дошт. Ном барояш шинос буд. Зоњиран, беањамиятона пурсид:
—Ин кадом Зардушт аст?
—Як девона. Бачаи дурўза асту ба мо пирони хирад аќл ёд додан мехоњад, њоло худ дар кўњњо гаштааст.
—Ин њамон мубади пизишкпеша аст?
—Бале, ёфтед. Вай як љодугар аст.
—На. Он хонадонро осуда гузоред.—амр кард сарвар ба зердастон.
—Хуб. Дигар… Мануша аст,  Каршефт аст…
Дулакаета гапро ба дигар тараф бурд. Ў њар хонадонеро, ки замоне ба он хусусмат дошт, ном бурд. Баъди ин хиёнат вай дар ин шањр истода наметавонист. Мардумон ўро њаргиз наме-бахшиданд. Бинобар ин маќоли «об, ки аз сар гузашт, чї як ва-љаб, чи сад ваљаб»-ро ба худ дастак карда, зиёдтар гуфтан гирифт. Дили ба хиёнату аз бадгўињо фоидаи зиёд гирифтааш гувоњї медод, ки подоши хидматаш ба девзодагон хуб хоњад шуд. Фарќаш чист, ки зару м ол аз дасти дев мегирад, ё парї?
Маидийар њам аз чунин дастёри худодод хурсанд шуда амр кард:
—Боз як хизмат бикун. Њарчи заринаву симина, ки дар маъбад њаст, барои мо биёр.
—Ба чашм. Аммо  шумо нотарс бошед, дар маъбад посбонон нестанд. Танњо чанд мубади фартут њастанду халос.
—Вале худо он љост, —маънидорона гуфт Маидийар сари калони бемўйи бадвоњима ва чашмони аз косахона баромадаашро боло гирифта.—Ба мо дар маъбад ќадам нињодан мумкин нест, вале ту мубадї.
—Хуб, хуб. Ман њамаро оварда, пеши пойи шумо мепартоям.

 42. ЗАВ

Дар ин байн мардумони шањр бо сангу чўбдастањо мусаллањ шуда, хостанд пеши роњзанњоро бигиранд, вале ќуввањо нобаробар буданд. Бисёр љавонони ќавибозу аз рањи њамдењагї барои муњофизати ќофилаи арўсу домод рафта буданд. Ба ёди касе расид, ки пањлавон Завро ба ёрї хонанд. Аммо чор кас аз дасту пойи ў кашола карда, натавонистанд ўро бедор кунанд. Баъди бедор шудан њам фоидае нашуд. Ў чун дарахти аз бехбурида нољунбон хобида талаб кард:
—Љуволи холї чї гуна рост истад? Сад сол боз чизе нахўрдаам.
Њамсояаш, ки феъли ўро медонист, фармуд:
—Ба пањлавон ѓизо дињед.
—Шўла баъди як соат омода мешавад, —арз кард зављаи Зав.
—Дер мешавад, роњзанњо аллакай хонањои пеши дењро оташ заданд…
—Мефањмам, аммо ин дасту пой бе ѓизо ба ман итоат намекунанд.
—Бањона мекунад, —ѓурунгос зад зављааш.
—Њой, зани бекалла! Агар шикамамро сер кунаму душманро аз дења ронам, њатман зани дигар мегирам!—тањдид кард Зав.
—Агар ту ин њунарро медоштї, ман худ бароят арўс пайдо мекардам.
—Афсўс, ки шикамам холист, набошад, аввал гардани туро мешикастам, баъд гардани гардуни дунро, ки ба ман чунин зани бадбахтиоваре насиб кардааст,— шикоят кард бемадорона Зав.
Аз ѓаму ѓуссаи зан беќувват шуда, Зав тамоман дароз кашид.
Љавоне, ки мудом бо ў њамроњ замин љуфтї мекард, ѓами Завро хўрда шарњ дод.
—Ў метавонад њафт шабу њафт рўз биљангад, вале пас аз он бояд асперо бихўрад.
—Биравед, аз хонаи ман рони гўсфанди бирёне биёред, амр кард марди сарсафед Ѓотифар.
Роњзанњо доди бедодиро доданд. Њар каси пурќуввате медиданд, бо муштзанї суст намуда, барои ба ѓуломї бурдан даст мебастанд. Пирону беморонро сар мебуриданд.
Чанд роњзан ба хонаи мўйсафед Вананд низ расид. Мўйсафеди хомўшро дида, яке бар дигаре ишора бар гулў кард. Роњзани дуюм шамшер баргирифт ва бар сари Вананд бардошт. Аммо роњзани савум ўро дида фиѓон кард:
—Биист! Ин мард дар назди Маидийар ќадри баланд дорад.

Замоне Вананд дар шањр ба љавонии Маидийар рањм карда, ўро аз марг рањо карда буд. Гумон дошт, ки барои дузд барои аввал љазои оддї кофист. Вале баъд аз корњои дигараш бохабар шуда, афсўс хўрд. Маидийар бо њама табиати девсори худ ба ин пири сарсафед бо эњтироми хос назар кард ва фармуд, ки ба ў кордор нашаванд.
Дар ин байн Дулакаетаи парешонхотир аз маъбад омада њисобот дод:
—Маро ронданд. Ин пирони бемаѓз туро дашном фиристоданд, аз худоњо талаб доранд, ки туро нобуд кунад.
—Худ назди мубадон равам ва баракат пурсам.

Мубадон мубад ва мубадёрон дар баробари њуљуми девони Кахвареда ниёиши вижаеро оѓоз карданд:
—Эй Њауми зарин! Сархушии туро фурў хонам. Далерї, дармон, афзоиш, боландагї, нерумандии тан ва њар гуна фарзонагиро фурў хонам. Туро ба-д-ин љо фурў хонам, то чун шањриёре комраво, дарњамшиканандаи ситеза, шикастдињандаи Дуруљ ба миёни офаридагон дар оям.
Туро ба-д-ин љо фурў хонам, то ситезаи њама бадхоњонро дарњам шиканам: чи девону мардумони дурванд, чи љодувону париён, чи ситамкорону кавињо ва карапњо чи табањкорону Ашмуѓони дупо ва гургони чањорпо, чи сипоњи густурдаи душманро, ки ба фиреб тохт оварад.
Эй Њауми дурдорандаи марг!
Чунон кун, ки ман пирўзманд ва дар љанг шикастдињанда бар ин замин дар оям ва дарњамшиканандаи ситезаву шикастдињандаи Дуруљ бошам!
Њаум далеронро, ки дар пайкор асп метозанд, зўру нерў мебахшад.
Моро аз кинаи кинаварон рањої бахш!
Маниши хашмгинонро аз мо баргардон!
Њар он кас, ки ба-д-ин хона, ба-д-ин русто, ба-д-ин шањр ва ба-д-ин кишвар осеб расонад, неруи пойњои ўро баргир ва ду гўши ўро кар ва Маниши ўро парешон кун!
Он кас, ки ба манишу пайкари мо кин варзад, бо ду по роњ матавонод рафтан; бо ду даст коре матавонод кардан ва бо ду чашм замину љонварро мабинод!»
Эй Њауми зарин!
Ба ситеза бо фармонфармои ситамкори дурванд, ки сар барафрозад, ки пайкари ашаванро нобуд кунад, зинованд шав!
Девзода Маидийар дар ињотаи чанд муњофизон ба маъбад даромад, касе пеши роњашро нагирифт. Ў мийазд овард, гўсфанду говро ба оташ хўронданд ва ў барои шикаст додани Братрештур ва шањрак баракат талабид.
Бо ишораи ў ва аз љониби ў мубад Дулакаета ниёиш кард:
—Ай Мењри зўрбозу! Эй Аредвисура Аноњита! Эй нек! Эй тавонотарин!
Сарвари хшатраи Кањвареда Маидийар дањ гўсфанду дањ гову дањ асп бароят ќурбонї мекунад. Маро ин комёбї арзонї дор, ки ман бузургтарин шањриёри кишвар шавам, бар њамаи мардумон чира шавам. Маро баракат дењ, ки тамоми зару хостаи Братрештур ва мардумони ин шањракро дарёбам ва њамаро ба ѓуломї барам ва ин зару ороишоти маъбадро ба шањри худам барам, то дар он љо маъбаде бисозам…
Маидийар гуфтањои Дулакаетаро такрор кард.
Мубади мубадон дид, ки оташ мийазди овардаи роњзанњоро «нахўрд». Шўълаи оташ торафт хомўштар шудан гирифт.
—Мењри зўрбозў ва Аредвесура Аноњита ба ту баракат надоданд,—гуфт ў.
—Чаро?—дар њайрат афтод Маидийар.
—Митра ба каси бо нияти бад ќурбонї карда баракат намедињад, —афзуд Пурушасп.
—Наход, ки…
Маидийари девзод дар андеша зад, вале мубади насињатгар Дулакаета эътироз кард:
—Ин муѓон њама љодугаранд! Аз ин мубадон яке одами њалол нест, мехоњанд њама мийазду заур дар оташ насўзаду насиби онњо шавад. Њоло чї сирре доранд, ки оташро худ хомўш карданд, то мийазди овардаи туро нахўрад. Модоме ки оташ мийаздро ќабул накард, баракат надињанд. Мубади мубадонро сиёсат фармой, то љодугарии худро бас кунад.
—Лозим нест! — хурўшид Маидийар.—Зару зевари маъбадро бо дасти худ пеши поям бимонед. Вагарна худи шуморо ба оташи муќаддас хўронам.
Дулакаета ќонеъ шуда такрор кард:
—Ба наѓзї ки нафањмед, чунин мешавад. Биёред њамаро. Аз тањдон наќдинаи симину зарринро биёваред…
Вале касе аз љой наљунбид.
Мубадон мубад Аштра, Пурушасп ва дигар мубадон чун њайкалњои хомўш бо њамон ваљоњати аљиб ба хондани мантраи варљованд шурўъ карданд.
Маидийар аз нотарсї ва рў ба худо овардани мубадон андак суст шуд, вале фавран худро ба даст гирифта, тарси худро бо додзанї пахш кардан хоста, бо овози баланд  амр кард:
—Биравед, њарчи ёбед, баргиред.
Чанд роњзан бо роњнамоии Дулакаета ба нињонхонањои маъбад даромаданд, вале бо дасти холї баргаштанд. Сафири марг Дулакаета норозиёна ѓур-ѓур кард.
—Пинњон кардаанд.
—Ёбед.
—Бо инњо ба наѓзї сухан гуфтан хатост, инњо некиро намефањманд.
Мантрахонии мубадон торафт баланд шудан гирифт. Дар дили Маидийар баробари тарсу вањм ќањру ѓазаб боло гирифт. Ин девзода бори аввал худро ноустувор эњсос кард, вале боз њам барои фурў нишондани тарси худ нисорањои заррини пеши пойи мусаввараи изад Мењр хобидаро бо нўги шамшер гирифта, ба гардани худ овехт ва фармони нав дод:
—Маъбадро оташ занед. Эзадон ќањр кунанд ва худ ин мубадони беаќлро љазо дињанд.
Дари маъбадро аз берун бастанд ва порае нафт оварданд. Чун ишора бар оташ задан кард, аз куљое Вананд пайдо шуда амр кард:
—Истед. Ин корро накунед.
Маидийар амр кард:
—Бирав, Вананд. Ман туро њаёт бахшидам.
—Ба худ рањм бикун.
—Ба кори ман халал нарасон.
—Шумо рўњи худро њалок мекунед.
—Бирав!
—Пас, маро њам бисўзед.
Маидийар хандаи девсорона кард.
—Маро аз сўхтану куштан метарсонї? Маро?—Девро? Э,эээ, бисўзед!  Њамаро!
Вананд дар ќатори мўбадон нишаст ва ба тарзи худ ба дуову ниёиши оини Бон пардохт. Ин дафъа касе ўро аз њамнишинї бо кеши дигар манъ накард. Ин соат њама эътиќодмандони динњои гуногун як шуданд, барои њама њисси мењандорї волотар аз эњсоси дигар шуд.
Роњзанон маъбадро бо нафт оташ заданд. Атрофи мубадон ва роњи нињонхонањоро оташ фаро гирифт.
—Мењробро оташ занед, ки ќањри эзадон ояд, —роњбарї кард ба кори маъбадсўзон Дулакаета. –Мењроб… Ана ин љой…
Мењроб низ оташ гирифт. Роњзанњо ханда карданд. Вале аз чи бошад, дар назари Маидийар симои манфури Дулакаета манфуртар намуд.
Гуфт:
—Ман девзодаам, аммо ту худ дев будаї.
—Шояд аз ќањри худоњо тарсида, ин мубадон љои зар нишон дињанд.
Аммо касе аз мубадон аз љой наљунбид. Оташ аз чор тараф ниёишкунандагонро фаро гирифт. Вале онон ба сони бегуноњони аз варниранги оташ гузашта бидуни изтиробу тарс ва њатто нафасгиршавї ниёиши худро давом доданд. Овозашон мўътадил, баланд ва форам садо додан гирифт. Ва ниёиш ба ављ расида мубадон бо њаракатњои сабуки даст ишорањо низ карданд. Ишорањо бар осмон буд.
Њама ба саќф нигаристанд.
Роњзанњо аввал мастона хандиданд, вале Маидийари њушёр ба шифти маъбад синчакорона нигариста њайрон шуд, аввал бовараш наомад. Дар боло бо оби тилло сурати худоњоро кашидаанд. Њоло онњо гўиё љон дароварда, лабу рўй ва чашмонашон моил ба њаракат гардид. Вале ин кори љодумонанд, ки ба чашм аён буд, бо ин њам тамом нашуд: нохост аз саќфи маъбад, аввал аз дањону чашмон ва сипас аз њама љойи суратњои худо оташи фурўзон чакида, рост бар сари роњзанон рехтан гирифт ва њамаро ба дањшат овард.
Ќатраи сўзон аввал бар сари кали яке аз роњзаноне рехт, ки бештар аз њама мастонаву девонавор механдид ва нахустин шуда, бинои маъбадро оташ зада буд. Ў чиррос зада нола кард ва бењуш шуда, байни оташу дуд афтод. Ўро аз пой кашола карда баровардаанд. Борони тафсони зарин бар сари ў часпида то њол месўзонд. 
Аз оташ-борони заррини сўзонанда як ќатра њам бар сари мубадон намерехт.
—Ин чист?— тарсида фиѓон кард Майидийар.
—Ќањру ѓазаби худо дар сурати оташ бар сари шумо меборад, —бо зањрханда гуфт Пурушасп.
Дарвоќеъ аз саќф ќатра—ќатра филиззи гудохта чакида мерехт. Гўё саќф деги љўшони фурўнињодае буд. Шакли суратњои эзадї дигаргуна шуда дар дилњо дањшате эљод мекарданд. Аслан ин тасвирњои бо зари холис дар саќф кашидашуда буданд, ки аз гармии оташ зуд об шуда, ба фарш, бар сари роњзанон мерехтанд. Аз ќазо роњзанњои Маидийар зери он суратњо истода буд, вале мубадони мантрахон љое нишаста буданд, ки болои сарашон тасвирњои гаљї ќарор доштанд.  Ва аз ќазо чунин ба назар мерасид, ки аз ин кори зишти роњзанон худоњо ќањр карда, ѓазаби худро дар шакли филизи оташгунаи гудохта бар сари роњзанон мерехтанд.
—Њама аз маъбад дафъ шавед!—амр кард Маидийар.
 Роњзанњо бошитоб аз маъбад баромаданд. Аз њавои тоза нафас кашидан ва дуртар аз кори эзадону девон будан ба њама писандтар буд. Аммо нидоњои аљибе аз баландии на чандон дур садо дода, ба маъбад наздик шудан гирифтанд. Чї, эзадон њоло аз осмон ќањру ѓазаби худро ба онњо фиристодаанд?
—Худоё, ин чист?
Аспи девмонанди бузургљуссае ба тарафи онњо метохт ва болояш саворе бузургљуссатар аз асп, дар як даст гурзи гарон, дар дасти дигар дарахти хушки оташгирифтае чун деви Мазандарї меомад.
Дар назари Маидийар чунин намуд, ки аз маъбад худоњо берун шуданд ва чун девон бар сари онњо тохтанд. Тамоми љасораташ гум шуд ва беихтиёр ба тарафи аспаш шитофт. Муњофизони ў шамшерњо баркашиданд ва пеши савораи девмонандро гирифтанд. Њамоно сари чанде аз муњофизон зери гурзи панљмании савора пачаќ шуд. Љавонмардони дигари дења аз ин набард шердил шуда, низ шамшерњо ба даст гирифтанд ва ба њуљум гузаштанд. Ин савора њамон Зав буд, ки пас аз хўрдани як линги гўсфанд чунин ќувват гирифта буд.
Вале ба назари роњзанњо чунин намуд, ки асурањо-худоён ва девон аз сўзонидани маъбад ранљида, бар сари онњо омаданд, ки љазо дињанд. Роњзанњо дигар набард накарданд ва фирор намуда, бо њарос роњи даштро пеш гирифтанд.
Ин имкон дод, ки аз маъбади нимсўхта одамонро наљот дињанд. Аммо мубади мубадон аз дуду диќи нафас њалок шуд. Пурушасп бар он аќида буд, ки пас аз он, ки эзадхудо Мењр аз љониби Маидийар тањќир гардида, зери дуду оташ монд, дигар садои ў набаромад. Ў њамчун динбардори асил аз ѓами гўшношуниди худоён, аз тањќири дин ва эзадон дилкаф шуд.
Роњзанон, ки ѓаниматњову ѓуломонро пештар равон карда буданд, зуд  шањрро тарк гуфтанд. Њоло рањи онњо аз байни кўњњо мегузашт.
Маидийар аз чунин ранг гирифтани кор дар хашм шуд ва гунањкор мељуст. Назараш ба Дувлакаета афтод, ки болои аспи лоѓаре нишаста буду хамёза мекашид. Мањз ў гуфта буд, ки дар маъбад ѓайри чанд мубади пир касе нест. Бинобар ин сарвари роњзанон аллакай ќисми ситпоњиёнро бо ѓаниматњо ва асирон пештар аз шањр берун карда буд. Ѓазабаш бар ин мубади серљоѓ зиёдтар шуд. Чун дар торикии шоми наврасида бо диќќат назар кард, чашмони ўро пўшида дид. Одати мубади хиёнатпеша њамин буд, ки дар сари полони хар њам хоб мекард, дар назди мењробу минбари маъбад њам. Фаќат дар сари дастурхон њушёр буд.
—Хобї?— бо њайрат пурсид сарвари роњзанњо.
—На, на,—њамоно худро њушёр кард Дувлаката.—Дар андешаам… ва бож мехонам.
—Чиро андеша мекунї?
—Он, ки ќурбониёни имрўза ба бињишт раванд.
Ќањри Маидийар зиёдтар шуд.
Аспњои онон бар ба бар аз лаби љар мерафтанд. Поёни љарї басо чуќур буда, дар ќаъри он љўйи хурде љорї буд. Маидийар худ нафањмида монд, ки чи тавр ба шиками аспи њамроњаш лаѓаде зад. Асп як љањиду пеш рафт, вале Дулакаета аз болои асп парида ба љарї рафт ва љонњавла шохи буттаеро дошт.
—Лаънат ба ман, вале ба ту чї гуноње кардам, љањонпаноњо?
—Ту ба шањре, ки туро мехўронд ва мепўшонд, хиёнат кардї. Ту ба эзадоне, ки аз номи онњо сухан мегуфтию рўзї меёфтї, хиёнат кардї. Аз касе, ки ба худои худ ва ба ќавми худ хиёнат кунад, ман чї умед кунам?
—Маро накуш. Ман саги дарат мешавам,—зорї сар кард Дулакаета.
—Туро ман не, изадони хиёнаткардаи ту бикушанд.
Девзода дигар ањамияте надода, ба роњаш рафт.
Роњзанон ва шањрвандони ѓуломшуда ба нолаву чирроси ў ањамият надода, гузашта рафтан гирифтанд. Бачањо ба ў туф карданд, вале волидонашон инро манъ намуданд:
—Ба бад баробар нашав, бадиаш ўро мегирад.
Буттаи хурди кўњї, ки дар сари љар овезон буд, дигар љуссаи пургуноњи Дулакаетаро бардошта натавонист ва ё аз ин бори пургуноњ нангаш омад, ки решааш аз хоки муќаддас људо шуд ва њамроњи ў ба ќаъри дара рафт.

43.  АШИ

Маъбади Зардушт. Шом буд, пас аз борони бањории панљрўза сардї ва рутубати ѓори сангини кўњ зиёд шуд. Вале на сармову гармо, на ваќту беваќтї наметавонист пеши роњи омўзиши Ашу Зардуштро бигирад. Ў борњо дар мавсими кишт бо киштукор ва дарав машѓул шуда хастањолиро медонист, аммо он хастагие, ки дар натиљаи омўзишу андешањои чандинсола ба амал омад, аз он хастагии љисмонї сад маротиба зиёдтар буд.  Њарчанд ки дар дилу дар сар гаронї эњсос мекард, теша бар решаи андеша задан гирифт.
Андеша сари Аши ќарор гирифт. Ашу Зардушт чун сари ин вожа андешид, ба њайрат афтод, ки њама хурду калон, донову нодон, вазиру нозир, раису саис бо ќонуни Аши савганд мехўранд, њамеша онро ба ростиву дурустии кори худ далел меоваранд, вале азбаски Аши изад хонда нашудааст, савганди худро баљидд ќабул надоранд. Њол он, ки њама баќои њастї, баракати њама корњо аз ўст.
Зардушт андешид, ки Аширо дар тимсоли сурате бубинад. Онро чун равони корњо ва тартиби љањон дид ба сурати шањриёри бурзманди хубсутуда, ки чархњои гардунааш хурўшон аст, неруманд, подошбахш, дармонгар, бисёр њушманд ва тавоно. Мувофиќи устурањои бостон, ки он замон таърихи беш аз чорњазорсола доштанд, Ашї духтари Ањура Маздо, хоњари Амшоспандон аст. Ўст, ки ба хиради Саошйантњо фароз ояд. Аши касеро ба ёрї ояд, ки ўро бихоњад ва бихонад.
Ашу Зардушт ба ёд овард, ки аз наздикони ў кадомин касе бо кўмаки Аши соњиби номи баланду сарват шудааст. Устоди нахустинаш Трита ва устоди дувумаш Фриёна пеши назараш омад, ки пайваста њама тартиби корашон ашавандона ва дар хонадони онњо сериву пурї њукмфармо буд.
Беихтиёр ба ситоиш ва ниёиш пардохт:
—Эй Ашии нек, эй Ашии зебо, эй Ашии дурахшон! Эй, ки бо фурўѓи хеш шодмонї афшонї! Эй он, ки мардони њамроњи хешро Фарри нек бахшї! Аз хонумоне, ки Ашии нек пой дар онњо фурў нињад, бўи хуш бар ояд ва андешаи созгорї ва дўстии дерпой бањраи он хонумон шавад. Чун хонадони Фриёна.
Эй Ашии нек!
Мардоне, ки ту ёварашон бошї, дар кишваре бо хўрокњои фаровон фармонравої кунанд, он љо ки хорбор анбошта, бўйњои хуш баромада, бистарњо густурда ва дигар дороињои гаронбањо фароњам омадаст. Чун дар хонадони Трита.
Ба ростї, хушо ба рўзгори касе, ки ту ёвараш бошї.
Њамчунин ёвари ман бошї, эй пурдињиш, эй неруманд!
Эй Ашии нек!
Хонањои касоне, ки ту ёварашон бошї, хубсохта, дерпой. Аз сутурон бањраманд ва дерзамоне устувор аст. Чун хонадони падарбузурги ман Њаечадаспа.
Ба ростї, хушо ба рўзгори касе, ки ту ёвараш бошї.
Њамчунин ёвари ман бошї, эй пурдињиш, эй неруманд!
Эй Ашии нек!
Тахтњои онон, ки ту ёварашон бошї, хушсохт, хубгустурда ва хушбў, бо болишњои ороставу пояњои зарин болост. Чун тахти Кайхусрав…
Ашу Зардушт аз ин суханњо дарёфт, ки бунёди гетї бо мардумон анљом ёбад ва њар кирдори носазо, ки аз мардумон сар занад, боиси вайронї ва харобии гетї шавад. Аз ин љост, ки пок нигоњ доштани обу хоку боду оташ, эњтирому эњтиёти табиат, муносибатњои мањрамонаи марду зан, иљтимоъ, таваллуди фарзанд ва тарбияи дурусти фарзандон дар паёми Аша Зардушт асоси ќонуни баќо, асоси ободии љањон, асоси хуррамии гетї, шарти пешрафти инсон, њаёти астуманду менуї ва кўмак ба чира гаштани Ањуро дар набарди доимї бо неруи бади Ањриман аст.
Бо чунин андешањо Ашу Зардушт ба худ омад. Чун ба атроф нигарист, касеро надид, вале овозе аз чархњои гардуна дар осмон садо медод ва бўйи хуше кулбаро фаро гирифта буд. Гумон кард, ки дар назараш пайдо шудааст. Аммо нигоњи ў ба чармнавиштањояш афтоду беихтиёр саљда бар осмон кард: њама гуфтугўйњои ќаблї навишта шудаанд.

44. ВИШТОСП БАРАКАТ МЕХОЊАД

Шом. Ќофилаи начандон калон роњи биёбонро мепаймояд. Аз дур равшании рўд дар шуоъи моњ ба назар расид. Аз дуртар кўњи пурдарахт намудор шуд. Виштоспи хаставу ѓамзада хомўшона асп меронад. Фрашаоштра аз пањлуи ў савори аспи худ  равон аст.
Виштосп гуфт:
 —Сарам гиљ шуд, дар кори худ дармондаам. Кадом њаќ асту кадом ноњаќ? Дар маъбади наздиктарин ќурбонї мебояд, то худоён рањи моро муайян кунанд ва ба мо комёбї дињанд.
Фрашаоштра ба дуродур назар карда, дар соњили рўд сурхии оташро дид. Гуфт:
—Дар ин наздикї, дар соњили рўд маъбаде њаст.
—Меравем. Субњи барваќт. Худи њозир.
—Нек бошад. То мийазд омода мекунем, ки субњ фаро мерасад.
Субњи барваќт аз ќофила чанд нафар људо шуда, аз соњили рўд ба љониби кўњи баланд њаракат кард. Онњо наздиктарин дўстон ва сипоњиёни шањзода Виштосп буданд.
 
45. ИЛЊОМИ ЃАЙБЇ

Аша Зардушт аз кулба баромад. Дар партави мањтобшаб ба олам назаре кард, аз чалаки калони чўбї бо обдастаи чўбї об гирифта, саропои худро шуст. Оби рехтаистода дар назари мард аранге ба бухору бод, сипас ба абр мубаддал  шуд, сипас дар шакли барфу борон боз ба замин рехт ва аз саргањи рўд ба маљрои миёнаи рўд равон шуд, ки љараёнаш тезтар ва обаш тозатар аст.
 Сурхии аввалин шўълањои хуршед аз уфуќ намоён шуд.
Барои гирифтани оби тоза Аша Зардушт ба дарунтари рўд рафт. Об то зону омад. Фикри изадон ўро тарк намекард. Аз худ пурсид:
—Вале хуршеду мањтоб, оташу бод, обу хок ба њама – ба неку бад, некбахту бадбахт баробар хидмат мекунанд? Чаро Хуршеду мањтоб ба ин бузургї натавонанд ба девон таъсире кунанд? Боз касе њаст, ки ин њамаро бад-ин тартиб гузошта идора мекунад? Кист ў?
Обро бояд аз байни маљрои рўд бигирад. Расид то ба он љое, ки об то гулўяш расид. Фикри изадон бошиддат дар сараш чарх мезад.
—Кист, ки ин њамаро бад-ин тартиб гузошта идора мекунад? Кист ў?
Нохост Аша Зардушт њолати аљиберо эњсос кард: аранге дид, ки баробари сурхии нури хуршед нури дигари пурзўре падид омад, ки савори фравањари зарринбол аст. Ин фуруњари заррин—Рамзи офаридгори яктои њастї Ањура Маздост.
Замину замон барои Аша Зардушт рўшан шуд, ягон торикї дар гетї ва љањони менувї намонд. Чизе, ки дар давоми солиёни зиёд мељуст, оќибат дарёфт.
Ба худ гуфт:
—Бале, њама хуррамї аз туст. Офаридгори яктои њастї ту њастї, Ањура Маздо.
Аша Зардушт саљда бар фуруњар кард.   
 -- Эй Худое, ки њама чизро мебинї, ёриам кун ва бо мењрубонии бемонанди худ маро бинавоз ва аз роњи Оромиши рўњафзун виљдонамро ба Ростї огоњ соз.
Аша Зардушт ба Хуршед саљда кард.
Љањонро дар таљаллии нури Ањурамаздо пурнур дид: њама рангу бўйи хуш ва рўњу равони љањон аз хуршед мабдаъ мегирад. Аз нури хуршед дар хок сабза дамид, нињоле шуд, мевае дод, бод обро бухор карда сипас бар сари сабза чун бороне рехт, оташи хуршед мевањои нињолро арѓувонї кард. Сипас сармову барф омада нињолро хушконд, баъд боз хуршед нињолро сабз гардонд. Њама мављудот аз шуоъи хуршед зинда мешавад. Паррандањо ба наѓмасарої сар мекунанд.
Зардушт ба худ гуфт:
—Ман Маниши некро дарёфтаам. Пас кай, эй Ростї, туро хоњам дид? Кай роњи Худои бас тавоноро хоњам ёфт? Кай овои дарунии маздоиро хоњам шунид? Мо бо паёми мењин бар забон дадманишонро дар баргузидани дин ба роњ хоњем овард.
Аша Зардушт дар вуљуди худ ќувваи аљиберо эњсос карда, равона шуд аз байни анвори оташ рў-рўи мављњои об, ки низ оташранг гардидааст. Соњил дуру нопайдост.
Шояд аз таъсири фавќулоддае, ки дар тасаввури њар фарди онрўза буд, хаёлан девон низ назди ў омада дархост карданд, ки онњоро низ ба сафи парастандагони худ шомил созад. Вале Зардушт онњоро напазируфт ва аз забони Худованди муттаол бо онњо љанги доимї эълон карду гуфт:
—Аммо шумо, ай девњои ифритњо, њама аз наслу нажоди деви бадманиш њастед. Њар кас аз шумо пайравї кунад, аз деви дурўѓ ва деви нахват ѓурур пайравї кардааст. Пайравї аз шумо хатою фиребро афзун месозад ва каломи муќаддасро дар њафт кишвар беасар менамояд. Шумо њастед, ай девњо, ки андешаи некро дар љањон табоњ месозед, одамиёнро фосид мекунед… Шумо њастед, ки одамиёнро ба умеди љавонию некбахтї дар њаёту зиндагї фиреб медињед. Дар ин њангом аст, ки Хиради зишту палид ба Андешаи нопоки девњо ва бо гуфтору кирдори нопоки онон љањонро дар ихтиёри мардони зишту палид ќарор медињад!
Ин ба назари Аша Зардушт расид, ё воќеан ќуввањои осмонї ба чашмаш аён шуданд, ду нуќтаи назар мављуд аст, бархе аз уламо бар онанд, ки дар натиљаи омўзиши даќиќ бо неруи хирад Аша Зардушт ба љамоли Худои яккаву ягона, ё худ Аќли кулл расид. Ва ин ба Аша Зардушт ба василаи омўзиши чуќури илмњои пешрафтаи он замон даст дод.
Вале гурўњи дигар, хосса парастандагони кеши зардуштї бар онанд, ки ин вањйи илоњї буд. Ва аќидаи онон аз љониби пажўњишгарони ањди сосонї чунин тасвир шудааст:
 «Аввалин вохўрии Зардушт бо Воњу Мана дар соњили рўди Аеветак шудааст. 3ардушт барои гирифтани оби тоза љињати иљрои маросими ниёиш ба оби мобайни рўд— ќисми тозатарини он даромад ва оби тоза гирифт. Ва он гоњ дид, ки Воњуман – Маниши нек—яке аз Амшоспандони шашгона  наздаш омад ва пурсид:
—Аз чї андеша дорї?
—Аз Аша,—дурустї — љавоб дод Зардушт. 
—Ба чї талош мекунї?
–Њаќиќат мељўям.
–Њаст њаќиќат ва талоши ту бењуда нест. Ман Воњу Мана—пиндори нек. Аз ман болотар Ањура Маздост. Бо ман биё…
Ва бурд љое, ки њама Амшоспандон ва Ањура Маздо њузур доштанд ва ба ў башорат доданд ва асли офаринишро ба ў гуфтанд.
Мутобиќи ривоёти ќадим, пас аз мулоќоти аввал  дар давоми дањ сол Зардушт бо Амшоспандон боз шаш маротиба вохўрдааст.
Дар мулоќоти дуюм, ки дар ќуллањои кўњи Њукарйа ва Усхинд сурат гирифт, њамроњи Зартушт панљ намуд њайвонот рафтанд ва забонашон кушода шуда, мисли инсон њарф заданд: моњї Ариз-намояндаи махлуќоти обї, савсори сафед ва ќоќуми сафед—намояндагони махлуќоте, ки дар лонањои хокї мезиянд, Каршефт—аз болдорони дар об низ шинокунанда, харгўш, ки ба њайвонот роњи обро нишон медињад, бузи сафед—намояндаи њайвоноти хонагї, ки ширашро мељўшанд. Ва онњо мувофиќи неруи аќлониашон дини бењинро пазируфтанд ва тавассути онњо ба дигар љонварон пањн шуд. 
Бори саввум Аша Зардушт дар рўди Тељен бо њомии оташ Аша Вањишта вохўрд, сухан дар хусуси табиат ва неруи оташ рафт.
Дафъаи чорум бо њомии филизот Шањривар аз хусуси табиати филизот ва тилло маълумот гирифт. 
Дар мулоќоти панљум бо њомии замин Армаити, ки аз кўњи Аснаванд ба Вахви Даитийа фаромада, бањор, эњёи табиатро меовард, дар бораи муќаддасии замин маълумот гирифт.
Дар мулоќоти шашум дар кўњи Аснаванд бо њомии об Хурватат дар бораи муќаддасии об маълумот дарёфт.
Дар мулоќоти њафтум бо њомии растанињо Амертат, ки аввал дар рўди Дарељйа ва баъд дар соњили рўди Вахва Даитйа ва дигар љойњои бекарона сурат гирифтааст, дар хусуси њифзи растанї маълумот пайдо кард».
Аз он љумла, дар яке аз мулоќотњо Ањура Маздо Зардуштро аз найранги девон огоњ карда гуфт: «Агар касе аз номи ман омада худро ањурої номад, зуд бовар накун, ўро аз сар то по, аз пешу бару ќафо бубин. Бидон, ки мо, Амшоспандон, ба ту дигар хел зоњир мешавем, на он чунон, ки девон. Амшоспандон ноаёнанд, девон дар симои одамї меоянд ва бо њавасњои љисмонї шуморо дар банди худ медароранд. Њатто ту, Зартушти њаќгўйро низ мекўшанд фиреб дињанд. Соати он наздик аст, ки деви маккор дар симои зани зарринкамари зебопистон ба ту дармеовезад, ки бо њусну љамолаш туро мафтун карда, ёри ту шавад…  Ба ў бовар макун ва Ањуна ваирйаро бихон. Ва ин пешгўї рух дод, ки поёнтар онро меоварем.
Дар яке аз мулоќотњои дигар Зардушт дар хусуси  оќибати корњои љањон сўњбат карданашро чунин овардааст:
«…Боре аз Ањура Маздо хоњиш кардам, ки маро абадзинда гардонад.
Ањура Маздо гуфт:
–Ин  хоњиши туро иљро карда наметавонам, зеро ки он ваќт Братрокрештур – зодаи Ањриман њам зинда мемонад ва он гоњ тозашавии љањон аз бадї воќеъ намешавад ва мављудияти ояндаи ашавандон ѓайриимкон мегардад.
Ман зорї кардам, ки ту њамаро офаридї, чаро ба ман љовидонигї намебахшї, ки пайравони дини бењин ќудрати туро дарк намоянд?
Он гоњ Ањура Маздо ба ман нури хиради эзадиашро бахшид  ва ман њафт шабу њафт рўз бо он нур ояндаро назора кардам ва дидам, ки рўњи сарватмандони ноашаванд дар дўзах асту рўњи камбизоатњои пок дар гарудмон; одамони бефарзанд хаставу малўланд ва одамони соњибфарзанд шоду хуррам. Ва ман хулоса кардам, ки њаёти хушбахтона бо фарзандон бењтар аст аз умри љовидонаи бефарзанд. Ва боз дар он љо ман дарахте дидам, ки њафт шохае аз тилло, нуќра, хулаи биринљї, калъагї, мис, рух, фўлод ва оњан дошт.
Ањура Маздо гуфт:  «Шохаи тиллої—давраи фармонравоии Виштосп аст, ки Ањриманро меронад ва одамон растанї, обу оташу бодро ситоиш мекунанд. Шохаи нуќрагї—давраи њукмронии Ардашер аз дудмони коваёнист, ки девонро аз одамон дур карда, дини бењинро мустањкам мекунад. Шохаи биринљї—давраи Ардашери Бобакон аст, ки Аша ва дини бењин њукмрон мешавад. Мисин—њукумати Ашкониён аст. Чуянї—давраи Бањроми Гўр аст. Шохаи фўлодї –давраи Хусрави Анўшервон аст.  Шохаи оњанї—рамзи он аст, ки давраи њукмронии  девон мерасад. Девон аз шарќ њуљум мекунанд ва дањ—сад зимистон њукмрон мешаванд. Бисёр пайравони маздаясно кушта мешаванд, дўстон ба душманон мубаддал мегарданд, дар саросари роњњо роњзанњо бедодгарї мекунанд, дин тањриф мешавад, Замин-Спандармад аз дили худ тиллову нуќраву филизотро бедареѓ медињад, ѓуломон хоља мешаванд, замона аз ањди Зањњок њам дањшатноктар мешавад ва одамон маргро орзу мекунанд ва маргро хушбахтї мењисобанд. Сипас аз кишвари Сайрима дев Килизиякњ меояд, њамроњонаш размафзори сурх, дирафшњои сурх, кулоњњои сурх доранд. Заминларза ва бодњои сахт сар мешаванд.
Девони Айшма меоянд бо камарбандњои чармин ва се набарди азим рўй медињанд. Ба пайравони дини бењин зарур мешавад, ки мењани худро тарк кунанд ва љои дигар дони маѓзи дин ва оташи муќаддасрор нигоњ доранд. Пас аз сад соли дигар ањди ту, Зардушт, ба охир мерасад ва аз даври ту ба даври дигар ягон гуноњу бадї намегузарад. Он замон паямбари  нав меояд ва девонро маѓлуб мекунад.»
Чи пешгўии аљиб ва дуруст…Се њазор сол пеш њатто ба рўзгорони мо ишорае кардаанд. Худованд маѓфират гардонад некон ва некхоњони одам ва оламро.

Ќофилаи Виштосп ба  пайроњаи кўњї даромада, боло баромад ва њаракатро ба сўи маъбад давом дод.

Ѓори сангини Аша Зардушт дар рўшноии кабудчатоби субњ чун мавзеъи рўњафзо шукўњи хоса, оромии босалобат ва таскинбахш дорад. Вале ин субњ дар сари Аша Зардушт андешањои  дигар падид омаданд. Ў ба кулбааш баргашта ба раддаи муљассамањо бо шак нигарист.
 —На. Шумо њомиёни нек нестед, танњо дар пиндори одамон худоед. Офаридгори яктои Њастї Ањура Маздо Худои Доност. Худоёни пиндориро нобуд мегардонам. Ситояндаи афзояндагони љовидон њастам. Гиромидорандаи афзояндагони љовидон њастам. Худои донои хубу дорои хубиро сазовори њамаи хубињо медонам, он Худои ростини бофарру шукўњро, ки бењтарин чизњо аз ўст, Љањони зинда аз ў, Ростї аз ў, Рўшної аз ўст.
Бори дигар, вале ин дафъа бо суръати тез девон аз пеши назараш гузаштанд.
Ў бо неруи Хирад дарёфт, ки пайкори доимии Ањура Маздо ва Ањриман мазњари даврони сегонаи инкишофи љањон аст. Мутобиќи он, Ањурамаздо љањонро ба гунаи менуї падид овард, аз сукуту оромии бекарон дилтанг шуда, сипењр, об, хок, њаво ва дар сањни он инсони нахустин (Каюмарс) ва Говро халќ намуд.
Аша Зардушт бо тамкини хоси одамони андешаманд муљассамањои девондев Ањриман, Мењр, Аноњита, девони Хашм, марг, беморї, Боди бад ва ѓайраро ба лўнгие печонд ва аз кулба баровард.

Камари кўњи зебоманзар. Аз як тарафи он рўди хушобе љорист. Пайроњаи кушод, ки аз болои гиёњњо ва сангњои сафед, оњаку гилхока ва мармар мегузарад. Як роњ ба сўи шањрча мебарад, роњи камбари дигар ба сўи рўд. Ва њама пайроњањо ба сўи маъбад мебаранд. Дар пайроњаи назди кулба чанд фарсах дуртар аз он одамони Виштосп ба эњтироми хонаи худо пиёда шуда наздик омаданд. Аша Зардушт дар банди хаёли худ онњоро надид, ё барояш њоло онњо ањамияте надоштанд.
Ва ў баргашт ба кулба ва фравањарро дар љои назаррас устувор кард. Ба миљмар њезуми тоза ва хушк гузошта, аввал паном пўшид. Сипас китоб ба даст гирифта, ба ниёиш истод. Ин лањза њезуми нињодааш, бе он ки ба вай оташ расонанд, худ аз худ дар гирифт.
Ва Аша Зардушт назди оташ рост истода ниёиш оѓоз кард.
— Инак аз ту мепурсам, Худоё, маро ба дурустї огоњ соз. Дине барои љањониён бењтарин аст, ки аз рўи Ростї љањонро ба пеш мабарад ва гуфтору кирдори моро дар партави Оромиш дуруст менамояд. Пас, эй Маздо, он чї, ки њушам мехоњад, ту мебошї? Чї гуна ба њамроњии ту, аз ту ситоиш пардозам, ба гуфтори худ Неру бахшам, то бо паёми ту, ки аз Ростї бармехезад, мардумро ба сўи Расої ва Љовидонї роњ бинамояд? Сазое барои  чунин касе дар оѓози  кор чист?
Шукўњ аз они Ањура Маздо бод!

Аша Зардушт ба оташ нигариста ниёиш кард:
—Девонро накўњиш мекунам! Эй Ањурамаздо! Эй Спандмену! Инак, дар оѓоз бо дастњои барафрошта туро намоз мегузорам ва хостори бењрўзиву ромишам. Бо Маниши нек ба ту рўй меоварам. Танњо туро ситоиш мекунам…  Эй Ањура Маздо, эй Худованди љону хирад, сарам дар намозат хам аст ва дастњоям барафрошта. Пеш аз њар чиз ёрии хиради афзояндаи туро хостгорам. Мехоњам бо корњои росту дурусту поки худ, ки аз хирад ва бо дониши нек анљом мегиранд, туро ва равони љони зиндаро шод созам.
Эй Худои Доно, ба андешаи нек назди ту меоям. Маро аз роњи Ростиву Дўстї, некї ва бањраи њарду њастї- таниву минувї дор, то ёронамро ба осоишу оромиш бирасонам.

Ба кулба Фрашаоштра бо ќурбонї—гўсфанд ва заур ворид шуд.
Маълум, ки ў ин чиллахонаро маъбад њисобидааст ва чандон иштибоње накард. Зеро ки дар ќадим бинои хосаи маъбад шарт набуд, тамоми табиат ба ин хидмат мекард, барои маъбад теѓањои баланди ба макони худоњо наздик, роњравњои кўњии дорои чашма, ё рўд, ки ба обњои љањонї мепайваст, интихоб мешуданд.  Дар ин љо мењроб монда, назди он хошок мегустурданд, то эзидњо он љо бишинанд. Каме дуртар аз он гулхан мегиронданд, то ки оташи он тамоми ќурбонї—гўшти чањорпои ќурбонишуда, равѓани гов, равѓан, нон ва меваљотро «хўрад». Дуоњо ва ќурбонињо назркунандагон ва коњинонро бо эзид мепайвастанд. Зеро ки сухан низ чун ќурбонї садо медод  ва љараёни ќурбониро ифода мекард. Ин маънї дар ведањои Њинди бостонї боќї мондааст. Мутобиќи он равѓан, ё хун, ё рўњи тозаи» чањорпои ќурбонишуда аз уќёнуси љањонї ба рўњи буќќаи аввалин ва рустании аввалин њамроњ шуда ба онњо ќувва медод, то рўзи охират вай эњё шуда, Ањриманро бо тамоми девњои бадиовараш нобуд кунад.
Фрашаоштра ин чизњоро дар кулба надида, андешаманд шуд. Вале ниёш кардани Зардушт ўро ќонеъ кард. Ва интизор шуд, ки ў ниёишро ба анљом расонад.
Зардушт бархонд:
  —Туву Маниши некро суруде навоин мегўям. Ба-д-ин Мантраи муњимтар, бо забони хеш гумроњонро ба бартарин роњ рањнамунї хоњам кард. Эй Ањура Маздо! Бо Маниши нек ва Аша ой ва ба гуфтори рости хеш моро дињиши зиндагии дерпой арзонї дор…
Виштосп низ ба ѓори кулбамонанд наздик шуд. Њамроњонаш дар назди даромадгоњи он истоданд. Виштосп даруни ѓор даромад, ниёиши мубадро дида, лањзае хомўш истод.
Зардушт онњоро бо нигоњ ќабул кард ва ниёиши навини худро давом дод:
—Эй Худои Доно, ту, ки њамвора оини Ростиву Маниши некро устувор доштаї, маро чунон биёмўз, ки андешањои хирад ва гуфтањои забони туро бозгў кунам. Хостам омўзишњоест, ки аз онњо бењтарин зиндагонї падид омадааст. Кай Ростї ва Маниши неку Шањриёрї ба сўи ман хоњанд шитофт? Эй Худои Доно, ин оину дини туро, ки ба номи Анљумани муѓон ва њамбастагии љањонї бунёд ёфта, бишносу  бипазир. Худоё, ба мо ёрї бахш. Мо ба роњи мењрбонии ту мебошем».
Фрашаоштра ба Зардушт мурољиат кард:
—Мо заур ва мийазд овардем барои Девон дев Ањриман,  ва эзади љанг Варањман, то кушоиш ва комёбї дињад ба мо барои шикор.
Виштосп, ишорат бар оташ карда, ба Фрашаоштра гуфт:
—Эзади оташ њаст, аммо девондев ва Варањман куљост?
Зардушт ба чењраи шањзода амиќ нигарист ва оромона посух дод:
—Эй шањриёр, аз ин пас девњо дигар эзад нестанд ва сазовори парастишу ниёиш наянд.
Виштосп ба ќањр омад, вале худдорї карду ба ў тангаи тилло дод:
—Бигир. Мо кушоишу комёбї мехоњем аз худои љанг Варањман.
Зардушт ба чашми Виштосп нигарист ва асроромез гуфт:
—«Шикори» ту дигар аст: на дар баландињои кўњ ва на пањнои дашт, балки дар бењтарин кўчабоѓњои шањри обод аст. Вале ту гурезонї аз сайди худ ва сарнавишти неки худ.
—Ту аз сирри мо огоњї?— сухани ўро бурида бо тааљљуб пурсид Виштосп.
Виштосп назар ба вазирзода кард. Ў китф дарњам кашид ва бо абрў ба навиштањои зиёди даруни ѓор ишора карда оњиста ба гўши ў гуфт:
—Мубади љавон олими доноест.
Зардушт гўё ин гуфтугўро шунид, ки оромона посух дод:
—Донандаи њама асрор — Њастибахши якто Ањура Маздост. Ўст, ки њастии моро ба мо бинамояд ва аз бадкирдории девондев башорате дињад.
—Хўш, худои ту Ањура Маздо  аз сарнавишти ман чї гўяд?
Зардушт ба Виштосп бо диќќат нигарист ва сипас ба оташ назар кард. Симои Виштоспи пањлавон дар оташ падид омад, вале ўро дигаргуна дид, бо фарри шоњї ва некў.
Зардушт рўй аз оташ  нагардонда гуфт:
—Худованд туро ба корњои бузург баргузидааст, фарри эзадї бар сари ту дурахшон аст. Њаёту мамоти мардуми зиёд аз иродаи ту вобаста аст: аз як ишораи ту мардумон тавонанд хушбахт шаванд, вале як сухани ту њазорон касро ба мусибат оварад. Њоло пиндори бад туро аз роњи нек берун кардааст. Оне, ки аз ў њарос дорї, дар зери абрњои тира монда, ба кумаки ту ниёз дорад. Абрњои тира аз шимолу љануб, шарќу ѓарб ба сўи вай меоянд. Аммо ту ба ваъдањои дурўѓини дигарон фирефта шудаї. Ту бовар надорї ба худ ва нидои неке, ки гоњо аз дили ту бармеояд ва гўш дињї бар Ањриман ва фандњои ширини душманони дерини худ ва њамкасони ту.
Виштосп ба худ ларзиду пурсид:
—Ин ишора бар чист?
—Бар оташ нигар ва чашмони худ бипўш ва њоли худро бо чашми дил бубин.
—Хуб. Пўшидам.
—Чї мебинї?
—Абрњои тира. Шаш, ё њафтто.
—Инњо душманони туянд.
—Онњоро чї гуна бидонам?
—Њоло ба сурати одамї падид оянд.
—Мебинам. Аранге падид оянд. Худоё, ин абрњо кистанд—Шоњи Рум? Тўрон? Сакоињо? Кўчињо?
Зардушт суханашро хатм бахшид:
—Ањура Маздо хостори он аст, ки ту озодона роњи некро баргузинї ва ба сўи нур, ба баландњо биравї.
Виштосп бо њайрат рўй ба Фрашаоштра кард. Ў боз китф дарњам кашид. Аз бинишњои даруни шоњзодаву мубад ў хабар надошт. Виштосп дар дил хуррамї ва сабукие эњсос кард.
—Худои ту кадом аст?
—Њастибахши якто, офаридгори яктои њастї, сарвари кулли гетї ва љањони менуї Худои Доно Ањура Маздост. 
—Барои мо баракат ва кушоиш дењ.
—Танњо ў метавонад ба ту кушоишу комёбї дињад. Ба худованди яккаву ягона Ањура Маздо—Худои Доно ихлос бикун. Вай туро бо пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек ба маќсад расонад.
—Агар худои ту моро ба маќсад расонад, туро аз хоставу чањорпову канизони хубрўй бениёз хоњам кард. Ва чањорпойи зиёд оварда дар маъбади  ту ќурбонї кунам.
—Нек бошад.
Зардушт рў ба оташ оварда, дуо хонд:
—Накўњиш мекунам девонро… Туро ситоиш мекунам, Ањура Маздо.
Виштосп низ беихтиёр ниёиш кард:
— Накўњиш мекунам девонро. Туро ситоиш мекунам, Ањура Маздо.
—Эй Худованди љону хирад, касонеро, ки некўкору некандеш ва бар роњи Ростиву Дурустї мебинї, комраво соз. Нек медонам, ки њељ ниёише нест, ки аз љону дил барояду бе посух бимонад.  Эй Маздо Ањура! Ўро фурўѓу фарр, ўро тандурустї, ўро пойдорї, ўро фарзандони коромад, ўро зиндагонии дерпой, ўро рўшноии осоишбахш  арзонї бидор!

46. ЌАРОРИ ЌАТЪИИ ВИШТОСП

 Водии дарё. Ќофилаи Виштосп  равон аст. Њанўз гуфтањо ва баракату кушоиш хондани Зардушт ба гўши њозирин мерасад. Касе ёрои њарф задан надорад. Виштосп пас аз андешае ба Фрашаоштра гуфт:
—Дар дили ман чандин андешаи ба њам зид пайдо шуд. Яке гўяд, ки зидди падар ошуфта, бар зидди  шоњи Доња шўрида ба  сўи Њинд равем, дигарї гўяд, ки назди падар бозгард. Яке гўяд, ки пешнињоди шоњи Туронро ќабул дору ба хидматаш бирав, дигаре гўяд, ки нарав, зеро ки Арљосп барои шикасти мо найранг  кунад.
Фрашаоштра, ки низ тањти таъсири Мантраи Зардушт монда буд, суханњои ў ёдаш омада, маслињатомез гуфт:
—Ба сўи сарнавишт бо пиндори нек мебояд рафт.
—Вале кадом нек аст, кадом бад? Бозгашт ба сўи падар ва хиёнат ба касе, ки маро нону намак дод, аз духтари ў накўии зиёд дидам ва фарзандон ёфтам? Ва агар маро падар ба куштан дињад, њамаи шумо низ њалок шавед.
—Боварам њаст, ки туро Кайлўњросп ба валиањдї хоњад хонд. Дилам гувоњї медињад, ки пайки аз падар расида самимист. Њоло мувофиќи хабарњои расида њам шоњи Тўрон ва њам сакоињои кўчї лашкарњои худро чун абрњои сиёњ гирди Бохтар гирд меоваранд. Мебояд, ки дар ин лањзаи њассос ва сарнавиштсоз дар бари ў бошем.
—Ба назди падар баргардем. Ин аст пиндори нек.
Њама оњи сабук кашиданд.
—Ва агар пешгўии ин мубад рост барояд, ўро шоистаи њама ганљњои љањон кунам.
Њамроњон аз роњ баргаштанд ва ба самти муќобил рафтанд, ба тарафи рўди муќаддаси Вахва Даитйа, љониби Бохтар.

Агар мардумизода як лањза хушбахттарин каси љањон шавад, лањзаи дигар метавонад мусибати гаронтарине ба дилаш расад. Бо Зардушти ашаван низ чунин воќеа рўй дод. Пас аз он, ки муддати дањ сол љустуљўйњо бурд ва оќибат Њаќро шинохт ва ин метавонист боиси хушбахтии абадии ў ва пайвандонаш шавад, худи њамон соат, пас аз рафтани ќофилаи шањзода Виштосп хабари нохуштарине шунид.
Дар зодгоњи Зардушт рўзи дигар чанд хонавода шањракро тарк кард. Бањона пеш оварданд, ки пайи ќадами девзодагони Кахвареда чандин сол заминро бењосил кунад. Пурушасп њамроњи ањли хонавода ба дењаи кўњї рафт. Маъбадро њам дигар таъмир накарданд. Деворњои сўхтаи вай чун доѓи лаънат дар дили мардумон истода, аз кори онрўзаи ба ном девзодагон дарак медод. Пас аз соле ин шањр ба як дењкадаи вайрона мубаддал шуд, пас аз дањсолае аз ободии вай ному нишоне намонд.
Мардумон бовар доштанд, ки ин њама аз хор шудани эзадон рух медињад. Бисёр шањру дењоти пањнои Ориёно, ки ба номи кишвари Њазоршањр машњур буд, зери сели борону оташи барќ мемонданд, ё заминњои фарохашон нохост камњосилу камоб шуда, мардумонро сер карда наметавонистанд ва мардумон боз бо одати ориёињои садсолањои пеш кўчу банди худро баста, даста-даста, сад-сад, њазор-њазор манзили худро дигар мекарданд, бархе ба љануб, ба пањнои Форсу Элом роњ мегирифт, бархе ба љанубтар, ба диёри сакоињои чодарнишини Бохтар,  бархе ба Њинди љодуситон. Ба њар њол мардум дар он аќида буд, ки њар љое худоёнро хор кунанд, он шањр бо тамоми ќудрату тавоноиаш суќут мекунад.
Аша Зардушт аз њоли дења огоњ шуда, афсўси зиёд хўрд.
Падар бо алам ќиссаи дењаро њикоят карда аз ў  хоњиш намуд:
 —Дигар мубади мубадон њалок шуд, бисёр шоњидони њол шањрро тарк намуданд, Братрештор њам ѓайб зада, дар пойтахт иќомат мекунад. Дигар касе аз ту талаби варангња ва исботи даъвои туро надорад. Фриёна њам аз дасти роњзанњо њалок шуд. Бењтар аст аз бањри пажўњишњо барої ва аз пайи сохтани кулбаю таъмини рўзгор шавї.
Аша Зардушт эњтироми падарро самимона баљо оварда гуфт:
—Ба фравашии Фриёнаи некдил ва хонадони ў дуруд мефиристам. Вале, ай падар, ба ин роњ маро худи эзадон њидоят кардаанд. Он чї омўхтам, дигар на танњо дар фазои шањраки Дарељйа, балки дар саросари кишвар дар доираи зиндагии муќаррарї наѓунљад. Маро эзадон ба љое расонданд, ки дигар њуќуќи пас гаштан надорам. Њамаро бохтам, то ин давлати абадиро ёфтам. Дигар ману Домани Њаќ, дигар ману хоки сари роњи эзадон.
Падар лањзае хомўш монд ва пас гуфт:
—Туро санљидам. Фриёнаи пир пеш аз маргаш васият кард, ки писари кўчаки ў Йовиштаро ба шогирдї бигир. Ва фармуд, ки минбаъд њам пайвандонаш њама харољоти туро ба зимма бигиранд. Аз ризќу рўзї чора нест…
—Йовиштаро ба љон ба шогирдї ќабул дорам, аммо аз ин пас рўзиву эњтиёљи маро изадон изад Ањура Маздо бидињад.
Бале, дигар ѓами рўзгори шахсї дар дили Аша Зардушт намеѓунљид. Ѓами кулли башар ва ташвиши гетї ўро рањбар шуд. Роњи ў бузург буд ва аз њама пањнои Ориёно, аз дили њама мардумони Ориёно мегузашт. Ва ањли хонадонро бо худ мебурд. Њар љо ки мерафт, бо пизишкиву њунари волои худ ризќу рўзї меёфт. Ва аз мардоне, ки нахустин шуда кеши навро пазируфтанд, њамон писарамўяш Маидйумоњ буд. Ва њамеша њамроњи ў мерафт.
 Дар набардгоњ сарони лашкар аз омадани сипањсолори ќавипайкари душман дар њайрат шуданд. Виштосп ба нияти гуфтушунид назди мењтарони Бохтар омад, ва чун ба масофаи тиррас расид, пиёда шуд. Размафзору љавшанро ба замин гузошт ва бо таъзим пеш омад. Ин лањза ўро шинохтанд. Бо вуљуди гузаштани солњо ў заррае таѓйир наёфта буд, фаќат мардонатар ва хирадмандонатар менамуд. Таљрибаи талхи љустуљўи бахту ризќу рўзї дар сифати дарвеш ўро хеле оќилу доно гардонд. 
Аз дидани шањзода Виштосп њама сарони лашкар хушнуд шуданд.
Чун ин хабар ба Лўњросп расид, дилаш равшан шуд ва фармуд:
—Шањзода Виштосп батамом ба кори мулк омода шудааст. Тољу нигини шоњї бар ў супорам.
Ќофилаи шоњзода њамроњи бузургони Бохтари бузурги бостон аз дили регзори бекарона ба сўи Балхи дирафшњои арѓувонияш барафрохта сабук ќадам мезананд.

47. ЗАРДУШТ БАЙНИ МАРДУМ МЕРАВАД

Дар биёбони регзори бекарона ду нафари дигар низ гом мебардоранд. Вале роњи онњо мушкил аст. Онњо Зардушт ва Маидйумоњ мебошанд. Гање тафбоду гање бўрон аст, ќуму гарду ѓубор ба сару рўяшон мешинад, дар чењраашон хастагиву азоб аст, вале чашмони Зардушт равшану пурнур ва њамвора бо табассуми эзадї ќадам мезанад. Дерест, ки ў байни мардумони Тўрон барои тавсеаи дини бењї ва ягона будани Ањура Маздо ва инкор намудани девон талошњо мекунад. На њамеша ин кор ба осонї сурат мегирад.
Таблиѓот ва вокуниши мардум ба онњо аз  ёди Зардушт барќвор мегузаранд. Ана, дар дењкадае Аша Зардушт  байни мардуми њайратзада сухан мегўяд:
  —Эй касоне, ки хоњони шунидан њастед ва аз дуру наздик омадаед, инак, сухан медорам, бишнаведу гўш кунед. Њама  ин гуфтањоро нек дар маѓзи худ љой дињед, то омўзгори баду дурўѓкор зиндагии шуморо бо забони каљу боварњои бади худ боз табоњ насозад ва ба гумроњї бознагардонад.  Барои бархе аз шумо, ки ин паёми андешаангезро, ончунонки ман дарёфтам  ва мегўям, ба кор наварзед, поёни зиндагї афсўснок хоњад буд.
Мубадёр ба Коњин Датуш бо тааљљуб ишора кард. Датуш даст афшонд ва паст гуфт:
—Бигузор гўяд. Њамааш дар рањи худост.
—Њаечадаспони Спентамон рўи сухан бо Шумост. Он чиро, ки бењтарин аст, гўш кунед, то додро аз бедод бозшиносед ва бо кирдори худ ростиро аз они худ созед, кирдоре, ки бо нахустин бунёдњои худої рост меояд. Касе, ки ба овои Ростї гўш медињаду меандешад, донишмандест, ки чораи зиндагиро медонад.  Касе, ки аз родї бархурдор аст, барои дарёфти Маниши нек ва Шањриёрї  мекўшад ва Ростиро дар гуфтору кирдори худ мепарварад. Чунин касе бењтарин ёвари мардум аст…
Коњини маъбади мењрпарастон Датуш, ки бо диќќат гўш медод, ба мубадёри шаккок нигариста бо овози паст гуфт:
—Дар гуфтаи ў њаќиќати бузургест…   

Биёбони регзори мушкилгузари пур аз боду регкўчї.
Роњи Аша Зардушт аз биёбони тафсон, аз кўњњои баланди хоросанг, аз пайроњањои байни марѓзорон ва рўдњои кўњї мегузарад. Њар љо, ки ба дењкадае, ё хайли кўчиён расид, бо ањли хирадмандони он сўњбат орост, беморонро шифо бахшид ва ба роњи Ростї њидоят кардан гирифт.
Инак, рањи њаќ ўро ба маркази њазоршањрњои Тўрон овард ва сўњбати ў бо сарварони ќавм доир шуд. Зардушт гуфт:
—Эй марду занњои аз дуру наздик омада, бишнавед: Хиради афзояндаву офаринанда «љон» мебахшад, вале агар љондоре зинда бошад ва ба бадї гаравида зиндагонии бењудаву бесуде, балки зиёнмандеро басар кунад, зинда аст, вале зиндагонї надорад. Пас, биёему аз касоне шавем, ки ин зиндагониро тоза мекунанд ва љањонро нав месозанд. Эй мардум, агар шумо  ин дастури оромишу нооромиро дарёбед, ки Худои Доно гузошта ва он ин аст, ки зиндагониии дерпо аз барои дурўѓкор аст ва фурўѓи бепоён аз барои росткор, њамоина ба хурсандиву шодкомї хоњед расид.
 Одатан мубадон мубади њар мањал ё аз доної, ё аз андак коњилии пиронаи худ камтар шубња менамоянд, вале мубадёрони љавони донишомўз ва худхоњ дар таљаллї додани аќлу њуш кўшишњои зиёде мекунанд. Аз ин љост, ки дар ин дења низ  мубад хомўшона тасдиќ кард ва чизеро барои риояи тартиби олии худовандон дарёфт, аммо Мубадёри мањалла эътироз кард:
   —Мо чизи наве баргузинем, ё худоёне, ки ниёгони мо парастиш мекунанд, гиромї дорем?
Аша Зардушт, ки чунин саволњои гоњо тањќиромезро пешакї эњсос мекард, оромона посух дод ва доираи фањмиши шунавандагонро зимни ин саволи мушаххас хеле васеътар намуд:
   —Њар марду зан аз шумо аз ин ду роњ якеро барои худ баргузинед. Љўяндагони худоёни пиндорї натавонистаанд, ки равиши дурустеро баргузинанд, зеро фиреби гуфтугўњоро хўрдаанд ва бадтарин андешаро баргузида, рўй ба Хашм бурдаанд ва зиндагонии мардумро ба табоњї кашонидаанд. Эй Худованди хирад, эй андешамандон ва эй оварандагони хурсандї, аз роњи Ростї ва Дурустї биёед. Он гоњ, зўри дурўѓ дарњам мешиканад ва онон, ки дар некномї кору кўшиш мекунанд, ба зудї дар сарои зебои Маниши неки Худоиву Ростї  ба њам мепайванданд…
Мубадёри шањр донишманди оддї набуд, шахсе буд, ки на танњо ѓурури бењад, балки даъвои њукуматдорї дошт Ва ў каси дигаре набуд илло Братрокрештур. Њоло ў Зардуштро фаромўш карда буд,  зеро ки солњо, чењраи равшан, ќомати боло, мўйи заррингунаи то китфон фаромада, овози пурќуввату асроромези Зардушт ўро тамоман дигаргуна медошт.
Братреш домани сўњбатро ба љанљол кашида, даѓалона сухани воизро бурид:
—Ин гузинишро бо дин чї кор аст? Мо бояд изаддевонро инкор кунем? Чаро?
Парастишгари Ањура Маздо њамсояи шўрангези собиќи худ Братреши худхоњу якраву даѓалро зуд шинохт ва оромона суханашро давом дод:
—Ба роњи некї ва Ростї танњо Худои Доно Ањура Маздо њидоят мекунад. Девон танњо дар пиндори нодонњо худоянд ва онон љањонро бар дурўѓ медоранд. Ин аст, ки бо њама озодии баргузинї бояд донишу њуш,  андешаву гуфтору кирдори некро пешаи худ сохт ва худро шоду љањонро обод гардонд ва аз андешаву гуфтору кордории бад парњезид. Бегумон, гузиниши дуруст кори доноён аст. Агар касе доно бошад ва андешаи худро ба корњои нек гуморад, некї офаринаду некї афзояд. Гуфтораш хуш бошаду рафтораш нек. Агар нодон бошад ва ба бадї гирояд, бад гўяду бад кунаду бад бинад.
Бисёр мардумони боњуш ин фикрњоро тасдиќ намуданд ва гоње, ки Зардушт хеле оддиву содда фањмонд, бисёрињо ба Братрокрештур нигариста истењзоомез ханда карданд.
—Фаќат Братреш натавонад фарќи неку бадро бифањмад.
—Ў фаќат ќимати симро аз зари холис ба зудї мефањмад.
—Ё замоне, ки аз ин суханњо дурусте зар ба љайби ў дарояд…
 Аќидањои Зардушт ба онњо ба дараљае писанд омад, ки шунавандагон њамоно дилдодаи ў шуданд. Аслан фањмидани он барои мардумони солимаќл мушкилие надошт. Аммо Братреш на аз онњое буд, ки ба ин зудї тан бидињад ва якравии ў хоњу нохоњ ба дили бархе решаи  шубња давонд.
—Он чи мегўї, аљиб аст, вале ин фалосифа аст ва аз ин суханњои ту бўи куфр ояд!
—Куфр њамон ваќт шавад, ки аз роњи эзадон баргардї.
Братрештор барошуфт ва љилави суханро ба тарафи дигар кашид:
—Њар сухани ту куфр аст! Мардум, фирефта нашавед ба ин марди ѓариб! Ту рухсати сармубад Датушро гирифтаї?
—Бале…
—Ку њуљљате?
—Ў дањонї рухсат дод.
—Нодуруст! Ин иѓвост, ин балвост!  Инро аз ќаламрави мо биронед, ки девондев Ањриман ва девони дигар бар мо чира нашаванд.
Зардушт хост эътироз бикунад, вале бо ишораи Братреш ду сипоњї назди Зардушт омаданд…

48. НЕРУИ ДАЊГОНАИ МАРДУМОН

Бори аввал Зардуштро дар мањбас шинонданд. Вале ў заррае рўњафтода нашуд. Ин њама азобњоро ў пешакї њис мекард. Љои ѓусса хўрдан њамоно дар мањбаси танг ба пажўњишњои дигаре пардохт. Неруи менувию гетиёнаи худро омўхт. Ба худ андешид, ки чи неруест, ки тани мардумро ба коре ироа мекунад, аз амале бозмедорад, ба кори нек ё баде рањнамун месозад? Сабаб чист, ки баъзе хоњишњои саркаш дилу вуљуди касро фаро гирифта ба тарафи гуноњ майл мекунонанд ва гоњо зидди он хоњишњо амал намудан гарон мешавад?
Чун хаста буд, ба осмон рўй овард ва аз эзад пурсид:   
—Эй Ањура Маздо, инро аз ту мепурсам, маро ба Дурустї посух гўй: чи гуна дар партави Аша он подошро ба даст оварам? Чи гуна неруе маро ва неруњои дањгонаи маро рањбар ва равшангар хоњад шуд, то бо онњо Расої ва Љовидонагиро дарёбам ва онгоњ њардуро ба-д-онон бахшам?
Нуре падид омад дар чашми ў ва аз ѓайб љавобе чунин даррасид:
—Он неруњои дањгонаи тани ту ва як неруи роњбару равшангар аз осмон дар вуљуди ту ба сони дањ модиён бо дањ нариён ва уштра бошад, ки пайваста дар талошанд. Дањ моди- ён ишора ба дањ њисси саркашу гумроњкунанда дар вуљуди одамї ва дањ нариён ё аспи нар киноя аз андешаи неки инсон аст, ки бар он њиссњои дањгона чирагї меёбад ва онњоро рањ- барї мекунад ва Уштра— фурўѓи изадї ва рўшноии абадист, ки дилу дидаи туро рўшної бахшад ва роњнамої кунад.
Њамоно нуре илоњї, фурўѓе осмонї падид омад, гармие эњсос кард, дилаш равшан шуд. Рањи аз тифлї паймудаи хешро пеши назар овард. Дид, ки на њамеша ў њаќ буд. Аз ин озурда шуд ва худ аз худ ин савганд дар дили ў ово дод:
—Бо Панљ чиз пайвастам, аз Панљ чиз гусастам:
Бо андешаи нек пайвастам, аз андешаи бад гусастам.
Бо кирдори нек пайвастам, аз кирдори бад гусастам.
Бо фармонбардорї пайвастаам, аз нофармонї гусастам.
Бо Аша пайвастаам, аз Дуруљ гусастам.
Чунинам то рўзи Растохез, ки вопасин набард миёни ду Мену даргирад.
Ва дили Аша Зардушт ва фазои мањбаси торик равшан шуд.

49. ШОЊЗОДА БА МАЌСАД РАСИД

Бохтар. Пас аз бартараф кардани шубњањои худ Виштосп ба назди падар баргашт ва Лўњроспи пир ўро валиањд таъин карда бар  тахти шоњї нишонд.
Маросими тољгузории Виштосп. Њама ўро табрик мекунанд.
—Шоиста бод тољи каён бар хшайсйа хшайасйона Виштосп!
—Шараф ба шоњ Виштосп!
—Шараф ба Виштоспи тањамтан!
Ба табрики шоњ намояндагони вилоятњои дигари ориёї, аз он љумла, шоњи Тўрон Арљосп ва сарвари ќавмњои кўчї Норашнї ва сакоињои љанубї омаданд. Ва албатта чун њама навбахтон Виштосп низ фаромўш кард њам аз мубади он тарафи рўд Зардушт, ки бахти зудойи ўро пешгўї намуд ва њам аз таълимоти навин ва хабари ў дар бораи марги девхудоњои гуфтаи ў ва њам ваъдањои ба ў додаи худро.
Нахустин сухани хшаянт-шањи нави љавон нек омад:
—Базм ороед!
Расид толиб ба матлуб, ошиќ ба маъшуќ, хостори тахту даврон Виштосп ба њама орзуњои деринаи худ, ки барои ин орзу ќариб дањ сол азият кашид, ба ѓурбат афтод, дарбадар шуд, кишоварзу галабону шогирди оњангаре шуд. Ва дили ў њоло танњо Бањор мехост, муњаббати модару падару бародар мехост. Бинобар ин, талаби базму шодї кард. 
 Ва оѓоз гардид давраи хуррамї ва ризоият аз сарнавишт ва њамнишинї бо хубрўёну мањљабинон. Азбаски ба худ машѓул буд, мардум низ даме осуда шуданд, то чандин сол гузашт. Ва мавсими шодї талаб мекард, ки шодии наве бар шодии пешина зам шавад. Ва ёд овардани хидмати њар кас, ки ба ў дар лањзаи мушкил кумаке расонданд, худ шодии вижаест.
Дар ин љода Рад намунаи хубе нишон дод. Ў, ки пайваста дар фикри чи тавр бе зањмат пайдо кардани зар буд, аз иваз шудани табъ ва тартиби кори Лўњросп огоњ шуда, ба хулоса омад, ки Виштосп ногузир замоне шоњ шавад. Бинобар ин, ба биёбони марзи Турону Бохтар Рад нахустин шуда, ба дидори дўсти дерин рафт, пас аз бозгашти Гуштосп нахустин шуда ўро бо тољу тахт муборакбод кард ва аз њар фурсати ќулай истифода бурда, њамин ќањрамонии худро ва дилбандиву самимияту садоќати худро ба ёд меовард. Вале азбаски яке аз асилзодањои танбал буд ва аз ягон омўзгор чизеро наомўхт, танњо хотираи хуб дошт ва пандњову андарзњоро тайи ёдаш нигоњ медошт. Виштосп овози буррову андарзхонии дармањлу бемањали ўро борњо шунида, ќоим гашта будбуд. Бинобар ин, аз ў хоњиш кард, ки дар маќоми саррўњонї дар хидмати ў бошад. Аввал ин ба Рад писанд нашуд, онро мансабаки муваќќатї њисобид, вале пас аз чанде дид, ки мардум ба рўњониён ихлос доранд ва зауру мийазди зиёд меоранд, розї шуд. Бузургону ашрофзодагону ялони кишвар барои баракат талабидан аввал гўё барои маслињат мањз ба назди ў омада, дирњами зиёд ва тўњфањои гарон меоварданд. Рад оњиста-оњиста чунон ба ин вазифа одат кард, ки гоње, махсусан њангоми иљрои талаботи динї худро аз шоњ боло медид. Азбаски худро пайваста ба шоњ наздик мекард, маслињатчии бевоситаи ў шуд ва барои гирифтани вазифачањое ба дигар дарбориён хидмат мекард ва албатта, аз он њаќи худро меёфт. Мисол, агар ба касе вазифаи андозчини ноњияе писанд бошаду ба ў чањор асп ваъда дињад, њатман нафаре пайдо мешуд, ки ба ў панљ асп ваъда мекард. Албатта, ў тарафдори каси панљаспа мешуд.
Фрашаоштра, ки худ писар ва аз авлоди бидахшњои бузург—сарвазирон буд, аз љониби шоњи навбахт бидахш таъин шуд. Падари ў Њвогва аз  њама вазифањо даст кашид ва њамроњи шоњ Лўњросп пайи ибодат нишаст.

50. УМЕДЊОИ БЕНДВА АЗ ДАРБОР

Ѓулом ба Бендва хабар дод, ки шоњи нав Виштосп ўро суроѓ мекунад. Ў савори аспи сурхранги пир аз ќафои галаи говон мегашт. Аз ин хабар зуд дар сари Бендва хаёлоти аљибе омад.
 Дар лањзае хаёлан худро савори саманди сафеде дид, ки аз роњу бероња, рўду кўњњои  баланд парвоз мекунад. Чун дар гўшае фуруд омад, њама мардумон ба ў офарин хонданд. Бидуни як кас—Зараспи маѓрур, ки дар гўшае рост меистод. Бо пайдо шудани Бендва ў ба замин туф кард,  аз ў намоишкорона рўй гардонд ва хост биравад. Аммо нафаре ба Зарасп чизе гуфт ва ба љониби Бендва нимтаъзим кард.
Бендва аштрањаи дар даст доштаашро болои сар бардошт ва бо шаст бар сари душмани деринааш зад… 
Аммо ин чї њоле? Аз хаёлоти ширин ба воќеияти дурушт баргашта дид, ки аштрањаи ў бар сари аспи пираш расиду њам худ ва њам савори дар боли хаёл парвозкардаро ба хок афтонд. Бендва тарсид. Ин гуноњ бе подафра нахоњад монд. Охир ин аспи Зарасп буд ва ин гала низ аз Зарасп буд ва њоло Бендва галабони ў буд.
Пас аз он, ки он рўзи шум шањзода Виштосп бар падар озурда гашта, њамроњи асилзодагон аз дарбор бирафт, наздикону маслињатчиёни Кайлўњросп зуд аз пайи душманљўї шуданд. Чун оби сел хоки мулоимро канда мебарад, ба шоњ арз карданд, ки ин кори Бенда-писари Бандуйа—вазири беаслу насаб аст. Азбаски Бандуйа дар ваќташ аз сипоњиёни љасуру наздики Лўњросп буд ва пас аз подшоњ таъин шуданаш вазирони пешини солор аз ў рўй гардонданд, ўро вазири худ таъин кард.
Вале Бандуйа ѓайри шамшерзанї ягон њунаре дар камол намедонист. Ва азбаски аслан аз сакоињои чодарнишин буд, одоби ањли дарбор барояш бегона буд. Дар яке аз маљлисњои ќабул Лўњросп барои подоши хидматњояш ба ў шохаи пургуле њадя кард, ки мењмонон аз Њинд оварда буданд. Бандуйа гулро бўй кашид, вале вай бўй надошт. Ба дандон газид, нишоте наёфт, ба ин тарафу он тарафаш нигарист, чизе аљиб наёфт, дилгир шуд ва ба гўшае партофт.  Њозирини баландназар хандиданд. Шоњ низ хиљил шуд ва ба рўи миз нигариста чизе љуст, ки барои Бандуя мувофиќ бошад.
Асилзодае, ки дар пањлуяш менишаст, бо кароњат гуфт:
—Бандуйа, ин тўњфаи шоњ аст. Мебояд, ки офарин гўї.
—Чї дод?— Як алаф дод, —рўй турш кард Бандуйа.— Гов набошам, ки алаф бихўрам… Маро тањќир кард.
—Шоњро офарин бигўй.
—Шоњ маро офарин гўяд, ки борњо дар њимояти ў будам ва ўро борњо аз теѓи душман наљот додам. Љои подош маро подафра мефармояд, масхара мекунад?!
—Ин нишони эњтиром аст, ки ба ту шохаи пургулро њадя кардаанд.
—Њамин тавр?
—Бале.
—Онро чї кунам?
—Гулро тораки сар бимон ва шоњро офарин гўй.
—Дарвоќеъ ман аз тартиби дарбор бехабарам,—ѓурунгос зад ў. —Офарин бар ту, ки бар ман ин чизњоро нишон медињї.
Бандуйа бо ќади баландаш ба замин хам шуда, аз пайи љустани гули зери пой партофтааш гардид. Шоњ, барои аз ришханду мазаммати дарбориён халос кардани дўсташ осемасар аз рўи хон устухони калони сергўшт баргирифт ва ба ў њадя кард. Азбаски њуши Бандуйа ба љустуљўи гул банд буд, устухони гўштро дида тамоман њуш аз даст дод ва дар фикр зад, ки бо ин тўњфаи навбатии шоњ чи мебояд кард? Филфавр маслињати њамсоякурсиаш ба ёд омада, гўштро тори сара монд. Равѓани гўшти пухта аввал ба кулоњи сурх, сипас ба сару рўяш рехт. Ќањ-ќањаи ањли дарбор баланд шуд. Худи ў фавран аз љой љаста хест ва њамаро дашном карда бадар рафт.
Аз ин пас Лўњросп ба ў вазифае љуст, ки мудом дар рикоби ў бошад, вале аз ањли нишасти дарбор дуртар: Лўњросп ўро сарвари муњофизони дарбор таъин кард ва бо бањонаи он, ки бехатарї мањз дар давраи зиёфатњо муњим аст, ў дар ваќти базму айшу нўш дар гўшае ањли нишастро назора мекард, бањузур шароб менўшид ва луќмањои калон-калонро фурў мебурд.
Ва азбаски аз нињояти бетаваљљўњии ў ба хираду дониш шоњ ба ў бетаваљљўњ шуда буд, дарбориён дар њаќаш ба њар бањона бадгўињо мекарданд. Оњиста-оњиста ў ба як навъ масхарабози дарбор монанд шуд. Вале афсўс, ки ба ин вазифачаи аз ноилољї ба вуљуд омада низ чанд кас орзуманд буданд. Бинобар ин аз ошўби шањзода Виштосп истифода бурда, чанде писари Бандуя ва худи ўро хиёнаткор номиданд. Ва нахустин касе, ки аз ошўби шоњзода Виштосп дар Бохдї подафра дарёфт, њамин Бендуа шуд. Лўњроспи аз њама кас ва аз њама чиз дилозурда дар њаќќи ў чизе нагуфт. Зеро ки писарони дигар вазиру амалдорон, аз он љумла, Фрашаоштра—писари бидахши бузург, ё худ сарвазир  Њвогва низ бо писараш њамроњ буданд.
Вале бо вуљуди ин, дере нагузашт, ки Бендва ятим шуд: падари ў дар шикор тасодуфан, вале ба ќавли баъзе бадзабонњо махсус њадафи тири дайду гашт. Пас аз ин фољиа Бендваи њанўз љавон аз њама гетї дилхунук, аз ањли дарбор тамоман дур шуда ба вилояти канорї ба соњили рости Вахва Даитйа рафт, ба маъбади Охшо ва Аноњита заур овард ва он љо муќимї гашт. Вале њунаре надошт ва зару сими на чандон зиёди захиракардаи падарро дар муддати кўтоње ба бод дод. Пайи таъминоти ризќи ањли оила дармонда, галабонии Зарасп—зантупатии шањрро бар ўњда гирифт. Ба хотири падари номдораш Зарасп ба ў дуруштие намекард, баръакс, њамеша ба ў ѓамхорї мекард, медонист, ки кори дигаре аз дасти вазирзодаи собиќ наояд, вагарна вазифаи шоистатаре дар шањрдорї буд. Аммо ба назари Бендваи бадхашм ва сияњдил чунин менамуд, ки Зарасп ба ў фишор меорад ва ў гўё хеле зиёд мењнат мекунаду шањрдор ќадри зањматњои ўро намедонад.
Бендва пайваста дар афсўсу надомат буд, ки он рўзи барои бисёрињо хуб, вале барои Бендва нањс бо шањзода њамроњ шуд. Ва дар дил савганд мехўрд, ки агар бори дигар дўсти бародархондаи падараш Кайлўњросп, ё худо накарда Виштосп шоњ шаваду ба пеши пояш афтода зорї кунанд њам ў — Бендва њаргиз ќадамашро ба дарбор нахоњад гузошт.
Вале њоло Виштосп ўро ба дарбор мехонд. Њарчанд, ки њоло маълум нест, барои чї ўро фаро хондааст, ў аспи соњиби нону нафаќааш Зараспро зада кушт. Ва њоло Бендва илољи дигар надошт: бояд њатман ба дарбор равад, илоље бикунад, ки дигар аз он љо берун нашавад, то дасти Зарасп барои љазо додани ў кўтоњ бошад. Ва дар кунљи дилаш садои пурѓуруре баланд шуд, ки инак, мавсими ѓам тамом шуд, рўзи нав, фасли шодї ва пирўзї даррасид.
Бендва аспи бењтарин, вале саворанадидаи галаро бошитоб зин зад ва ба як љањидан савор шуд. Аспи ноомўхт бо тамоми љон худро аз зери љуссаи ин савораи густохи бузургљусса халос карданї шуда, лагад партофтаву чорхез зада, бо суръати девонавор тохт ва худ надонист, ки Бендваро ба диёри орзуњо—ба дарбори шоњи навбахт Виштосп мебарад.
Чун сухан аз боби аспу шутур рафт, беихтиёр ќазияе ба ёд мерасад, ки нахустин шуда дар моварои Осиёи Миёна ба дастомўзу ром намудани уштурон мањз бохтариёни ќадим камар бастанд. Аз ин љост, ки уштурони дукўњона дар илм бо номи аввалин ромкунандагони хеш уштури бухтї, ё бохтарї ворид шуда, аз мањорати баланди чорводорї ва парвариши улавњои љангию боркашонии ниёгони тољикон шањодат медињад. Уштурони дукўњонаи бохтарї, баракси шутурњои яккўњонаи пањноњои Арабистон ва Африкои Шимолї имкониятњои хеле мувофиќи боркашонї дошта, бештар барои сафарњои дарози тиљоратї кор медоданд. Ва шояд њамин уштурњои биёбонгарди бохтарї буданд, ки давлати Бохтари ќадимї дар чорсўи роњњои тиљоратии билодњои дуру наздик, аз љумла љодаи корвонгузари давлатњои муќтадиру тавонои Мисри ќадим, Бобулистону Ошур ќарордоштаро бо якдигар мепайваст ва барои густариши тамаддунњои мухталиф мусоидат менамуд. Бењуда нест, ки Љавоњирлаъл Нењру бадавињоро бошандагони пуртоќати биёбон ва уштуронро «киштињои биёбонгард» номида,  таъкид мекунад, ки аспњои бидаву уштурњои чобуку маркабњои пуртоќат њамсафарони доимии биёбонгардњо мебошад.
Аз ин лињоз уштурони бухтуии дукўњона, чун аспњои бидави бохтарї дар бисёр мамолики Осиё ва Шарќи Наздик шўњрати тамом ёфта буданд, то љое, ки бар ивази  як аспу уштури Бохтар то дањ ѓуломи љавону танумандро медоданд. Дар бораи шўњрати аспњои бохтарї дар боби оянда муфассалтар хоњем истод.
Дар бораи ошноии Ошуриён бо уштурњои дукўњонаи бохтарї тавсироти барљастаи мансуби ањди подшоњии Саламонсар (асрњои IX то милод) гувоњї медињад, ки дар он уштурони дукўњонаи ба сифати подош барои шоњ оварда шуда инъикос ёфтаанд. Ошуриён то ин дам ин гуна уштурро намедонистанд ва он дертар бо номи «шутури дупушта» дар байни онњо шўњрат ёфтааст.
Њамчунин дар солномаи мансуби лашкаркашињои Ошуриён, алалхусус ањди Аншурнасирапал аз вилоятњои  њамњудуди Бохтару кишвари Нисо ва алалхусус Марв гирифтани андоз тиллову нуќра, њамчунин аспу уштури бохтарї зикр шудааст, ки мувофиќи ахбор аспро барои наслгириву кашидани гардунањои љангї ва уштурро барои боркашонї дар роњњои дур истифода мебурданд.

Се рўз инљониб шоњ Виштосп њамроњи Бендва дар шикоргоњ айшу нўш мекард ва рўзњои ошўбро ёд меовард, аммо суханаке аз подошаке ва мансабаке ба миён наомад. Аз ин њол дили Бендва танг шуда ба кафидан наздик омад. Њарчанд шароб мехўрд, маст намешуд. Умеди охирини ўро ин сухани шоњ канд:
—Фардо бо ќабули мењмонон банд мешавам, вале њафтаи дигар ба соњили рўди Вахва Даитйа меравем, ёди љавонї мекунем.
 Бендва аз сарнавишти ояндаи худ њайрон монда, дар кори ояндаи худ дармонда, араќи пешониашро бо остини пирањанаш пок намуда, дар дил худро мазаммат кард:
—Бењуда умед кашидї?! Саманди Зараспро чаро куштї!? Галаи ўро ба њолаш партофтї. Имшабро куљо рўз кунї? Фардо чун нон хурї? Ризќи аёлу хонадонро аз куљо ёбї? Лаънат ба дўсти аз тухмаи шањон рўидаат! Падараш носипос буд, аз писа-ри носипос умеди сипос кардан лаънат бар худи сипос ва умеди сипос аст!
Аммо шоњи навбахт ё гуфтани ќарори худро то њол зарур намедонист ва гумон дошт аллакай ин масъала худ аз худ њал шудааст, вале ба чашмони сурхшудаву танаи карахтшудаи дўсташ нигариста, беихтиёр гуфт:
—Ба ин родмард дар кох љой дињед. Аз ин соат ў вазири ман аст.
Бендва оњи сабук кашид, араќи пешониаш хушк шуд, вале андаке њушёр шуда азми деринааш ба ёд омад ва бо илтиљо гуфт:
—Ба њаќќи дўстии дерин ва намакат, маро вазорат надењ.
—Чаро? Њама орзуманди ин вазифањоянд.
—Ман аз кушта шудани падарам то њол сўгворї мекашам, ќотилони падар њанўз зиндаанд. Маро мебояд, ки чароѓи хо-наи ўро равшан нигоњ дорам. Падарам бо хидмат овора шуда, натавонист барои аёлу фарзандон хонае бино кунад. Маро озод нигањ дор.
-Ту бо ман нестї?- ранљид шоњ.-Њама дар орзуи вазифањо сар ба пои ман мемонанд, вале ту вазифаи боваркардаи маро рад мекунї?
—На, на. Дилам мехоњад ба дарбор оям. Вале хуни падар пеши рањи маро мегирад. Ў васият карда буд, ки њаргиз ба дарбор наоям.
Шоњ лањзае хомўш монд. Бендва аз гуфтааш пушаймон шуд. Шояд дигархелтар фањмондан лозим буд. Вале шоњ бори аввал  чунин њарф шунид ва дар гуфтаи самимонаи ў њаќиќате дарёфт ва гуфт:
—Бендва, ту дар дохили кох ва берун аз он њам ба ман зарур њастї. Туро душман зиёд аст, вале маро душман сад њазор бор зиёдтар аст.
—Пас, ман метавонам дар вилоятњо пуштибони ту бошам.
—Ња…
Шоњ нав аз дарди дили Бендва огоњ шуд.
—Агар зарурате ба ин бошад.
—Туро њамроњи саррўњонї Рад ва муњофизон ба зодгоњат мефиристам, љои Зарасп зантупати мешавї.
—Зантупати?
—Бале, њокими ноњия.
—Ба љои Зарасп? Ааа…Ммм..
Аз њаяљон галабон суханашро гум кард. Ба назараш чунин намуд, ки болои асп базўр истодаасту њоло ба љаре фурў меравад. Вале шоњи љавонро, албатта, аз њоли ў парвое набуд ва суханашро давом дод:
—Агар дар он љо маро пуштибонии дуруст кардї, пас аз чанд рўз, ё чанд моњ барои дањйупатї шудани ту маншур дињам.
—Он љо аз макри душман ва ѓазаби шоњ эмин мемонам?
—Бале. Савганд мехурам, ки њаргиз сарнавишти падар ба ту насиб нашавад: ман ба зиштгўии касе дар њаќи ту гўш надињам, душмани ту душмани ман хоњад шуд! Ин аст дасти бародар.
Дањони Бендва калон кушода шуд. Ба назараш њаво камї мекард…
Аз ризоияти шоњ њам шод гашт, њам ѓамгин. Гумон кард, ки нозро аз њад гузаронд. Вале аз дилаш гузашт, ки шояд њамон вазирї бењтар буд? Зеро нав ба ёдаш расид, ки дар кохи шоњ аз вазирони собиќи бар падараш душман касе намонда, ба дарбор љавонони дигар сари кор омаданд. Ѓамгин аз он шуд, ки дўсташ—шоњзода андаки дигар ўро маљбур накард, вагарна вазорат доштан худ баробарї бо шоњ аст ва гоње дар сари нуќлу наво њаќи вазир зиёдтар аст аз шоњ! Чї дўсти ќадрношинос аст Виштосп?
Худоё, таги дили мардумизодагонеро чун Бендва фањмидан мушкил аст.
Чун шоми дувуми ин шикор-базми пайваста наздик мерасид, шоњ бо кулли њамсафарон ба кох баргаштанд. Барои дањњо мењмон дар Кох љойи фарохе буд.

51. ИШЌИ МОДАДЕВ

Зардушт расид ба дењи сабзу хуррами соњили рўд ва дилаш шод гашт, вале аз ниёишњои мардум дар њайрат шуд. Дид, ки дар соњили рўди Оахшо маросими хосаи ниёишу ќурбонї бар эзадњо идома дорад. Мувофиќи ќарори умум ќавмњои алоњида њам ба эзадњои неки об Аредвисура Анањитаву эзади бод Андарвой ва њам ба девњои Оз, Дуруљ ва ѓайра  баробар ниёиш мекунанд, заур меоранд ва намоз мебаранд. Дўшизаи зебопайкар Мену наќши Аноњита ва гурўње мардону занон наќши девонро иљро мекунанд.
Гурўње ба эзадони нек рўй овардааст:
—Эзади мо Аредвисура Аноњита, туї муњаббати мо, туї рањонандаи мо.
—Спандменуро ситоиш мекунем, туї муњаббати мо, туї рањонандаи мо.
—Эзади бод Андарвой, туї рањонандаи мо, туї муњаббати мо…
Вале гурўњи дигари мардумон рўй бар девон овардаанд.
—Эй Ози пуртавон, туї нигањбони мо…
—Гандареви зарринпошнаро ниёиш мекунем.
—Девон дев—Ањриманро ситоиш мекунем. туї муњаббати мо, туї рањонандаи мо.
Бархе аз донотарошон њам изадонро ситоиш мекунанд, њам девонро.
—Рашнро меситоем ва Герењморо…
—Аз Амшоспандон умед мекунем баракатро ва њам аз камолингон.
—Туї муњаббати мо, туї рањонандаи мо.
Зардушт ба сухани онон гўш дода, тааљљуб кард, бо камоли адаб даст бар сари дил гузошта, пеш омад ва бо табассуми эзадї ба сухан пардохт:
—На, њаммењанони гиромиќадр. Муњаббати мо эзиди мост! Эй њамдиёрон, онон, ки Шумо ба онњо ниёиш мекунеду заур меоваред, эзад нестанд, балки падидањои рўзгоранд ва онњоро офаридгори ягонаи њастї  Ањура Маздо офаридааст…
Шўре бархост миёни мардум. Гармии хуршед сари ориёињои донои аслан њушмандро зуд гарм мекарду  хунашонро ба љўш меоварад. Бинобар ин, онњо зуд ба ду ќисм пора шуданд. Бархе гуфтаи Зардуштро инкор карду бархе тасдиќ:
—Эзад бояд кам бошад.
—Ба кадом яки он заур оварем?
—Эзад бояд зиёд бошад!
—Њар яке аз як љињат моро наљот бахшад…
Марде бархост ва иќрор кард:
—Бале, дар парастишњои мо хатое рафта. Ба ин хотима бояд дод.
—Шумо њам эзадњои нек—офаридањои Ањура Маздоро ситоиш мекунед, њам лашкари Ањриман— девњоро. Ва бадтар аз њама, барои ниятњои зишти худ аз эзадњои нек дуо металабед. Кадом одами боњуш чунин кунад?
Мубаде, ки сарварии ин маросимро ба дўш дошт, тануманде буд, ки ба ќавли мардум, бо як зарба кўњро талќон мекард, вале чун аксари сипоњиёни пањлавонсурат ѓайри сиккаву сурати воло заррае хирад ва неруи аќлонии тањлилї надошт. Ў ба љои фикру андеша карда, аз аќли худ љавобе гуфтан, бо як зарби шамшер, ё гурзи гарон њал кардани масъаларо мувофиќтар мешуморид. Вале ба савол љавоб зарур буд, бинобар ин гуфт:
—Девњо эзади авлоди мо буданд, Аноњиду Андарвой эзадњои дењи њамсоя. Дар љанги гузашта мо чира гаштем. Аммо коњинони онњо бо мо мувофиќат карданд. Ва мо худоњои онњоро ором гузоштем. Он коњиноне, ки ба мо зиддият нишон доданд, бо эзидњояшон сар задем, то ки динро дирафши исён карда, зидди мо барнахезанд. Ва њоло мо баробар ба њама эзидњо ниёиш мекунем.
Зардушт табассуми малење карда доирачаашро ба њам зад.
—Бигўед, ки чаро девонро мепарастед?
—То ба мо зиён нарасонанд.
—Пас чаро эзадњои некро низ мепарастед?
—То ки њомї ва нигањбони мо бошанд.
—Ва бо ин худхоњї, барои фоида дидан аз њарду тараф эзадњоеро парастиш кардед, ки онњо дар замину осмон аз рўзи офарида шуданашон њамеша бо њам дар набарданд. Пас, бо ин кирдори худ шумо худоњои худро куштед.
Ѓалоѓула миёни мардум баланд шуд.
—Ин чї гуфторест?
—Бале. Шумо онеро, ки эзад мешумурдед, дигар парастиш намекунед ва онњо дар дили шумо аз беихлосї ва бемуњаббатии шумо њалок шуданд, вале бубинед, ки љањон боќист ва шукуфон аст. Пас, шумо эзадњои дурўѓинро бардурўѓ саљда мекардед.
Йовишта ва чанде аз њамроњони ў гуфтањои Зардуштро тасдиќ карданд:
—Бале, мо бо дастони худ эзадњои нигањбони худро куштем. Мебояд, ки эзади њаќиќиро парастиш кунем. Офаридгори яктои њастї Ањура Маздо аст!

Зане ба шўр омада эътироз кард:
—Вале девон чї неруи бузурге доранд!? Ду моњ мешавад, ки деви мода—Љањї њуш аз сари бародари ман рабудааст, вале Ањура Маздо ва тамоми эзадњои нек наметавонанд њатто ба як модадев чира шаванд!
—Ба ман бинамоед ўро,—пешнињод кард Зардушт.
Дар соњили рўд ду марди девонаро ба кундаи дарахте бастаанд. Яке марди чињилсола буда, бо чашмони кушода хобидааст. Дувумї љавонмарди таќрибан бисту њашт— сисолаи нерумандест. Вале кўдаквор нолиш мекунад.
—А-а-а… Фа-ра-зда-та-ааа… Фа-ра-зда-та-аааааа…
—Ин номи деви мода Љањї аст, ки шабу рўз такрор мекунад, —шарњ дод зани ў Барез.
Зардушт ба чашмону дањону забони бемор нигарист.
Гуфт:
—Ман њоло девњоро аз ў дур кунам.
Сипас ба бемор нўшобаи њаумаро нўшонд ва Мантраи варљовандро хонд.
—Эй Ањура Маздо!
 Эй спандтарин мену!
Эй додори љањони астуманд!
Эй ашаван!
Чи гуна хонаро оташро, обро, сутуронро, гиёњонро, ашаван мардро ашаван занро, ситорагонро, Моњро, хуршедро, равшании бепоёнро ва њамаи офаридагони неки Маздо—зодагони Спандменуро пок кунам?
Зардушт лањзае таваќќуф кард ва пасон панљ маротиба ниёиши «Ањунаваирйа»-ро хонд.
Ман Хашмро дур меронам.
Ман Насуро дур меронам.
Ман Олоиши ошкороро дур меронам…
Эй Ањримани табањкор!
Ман туро аз оташу хоку сутуру гиёњу ашван мард ва ашаван зан, аз ситорагон ва Моњу Хуршеду фурўѓи беоѓоз ва аз њамаи офаридагони неки Маздо –зодагони Спандмену дур меронам.
Аша Зардушт «Ањуна ваирйа»- ро чањор бор сароид.
Эй Ањримани табањкор!
Ту аз оташу хоку сутуру гиёњу ашван мард ва ашаван зан, аз ситорагон ва Моњу Хуршеду фурўѓи беоѓоз ва аз њамаи офаридагони неки Маздо –зодагони Спандмену дур дур бишав! Дур бишав! Дур бишав!
Сипас Божро аз нав хонд ва сипас чањор бори дигар «Ањуна ваирйа»- ро сароид.
Дар чењраи девона сабукї ва хушњолї падид омад.
Аша Зардушт оромона аз ў пурсид:
—Фараздатаро дар куљо дидї?
—Фара-здата… Фараздата…
Девона ба худ омада бошад њам, ин номро такрор кардан гирифт.
—Боз сар шуд?—норозиёна ѓур-ѓур карданд њамсоягон.
Вале ин чизи дигар буд. Девона тарафи кўњи болои рўдро нишон дода гуфт:
 —Дар он љо… Дар он љо…
Зардушт амр кард:
—Дастонашро кушоед. Куљое равад, ман њамроњаш равам, ду-се љавонмарди чолок низ моро њамроњї кунед, то аз асли њоли девон огоњ шавед.
Девонаро кушоданд. Ў ба љониби кўњи сарсабзу хуррам равона шуд.
Зардушт ва чанде аз мардони њузарби дењ аз ќафои ў рафтанд.

52. ИШЌИ БЕНДВА БАР ЧЕЧАСТ

Бо њазлу шўхї ва эњсоси саршор аз ёди рўзњои ошўб чи тавр аз биёбон гузашта, ба маркази вилоят расиданашонро нафањмида монданд. Заут хизматњои худро њар сари чанд ваќт таъкид мекард, ки Бендваро мањз ў ба ёди Виштосп расондааст. Дигар Бендва намедонист, ки аз кадом бештар миннатдор шавад, аз шоњ, ё аз дўсти собиќи њоло саррўњонии мулк гаштааш Рад. Ваъда дод, ки албатта љавоби хидмати ўро медињад, њарчанд тасаввур карда наметавонист, ки вай чї подоше ва дар кадом сурате хоњад буд.
Кўшки Зарасп дар байни хонањои на чандон калон намудор шуд. Мардум, ки асосан ба чорводорї машѓул буданд, дар ин љо барои бино кардани хонањои бароњат чандон њавасманд набуданд, зеро ки њаво гарму роњатбахш буд ва аксари аъзои вису ќабила пайваста аз пайи чањорпоён дар биёбону марѓзорон мегаштанд.
Њамсафарон бо маслињати Рад ќарор доданд, ки барои санљиш ва тарсондани Зарасп Бендва аввал танњо ба хонаи Зарасп дарояд.
Бендва ба њавлие, ки њар гањ бо тарс ва эњтироми бузурги омехта ба дањшат медаромад, бори аввал нотарсона даромад. Њанўз асари мастї аз сараш нарафта буд. Ѓуломон ва ходимон бо њайрат ба ў нигаристанд. Ва зуд хабарро ба Зарасп бурданд. Бендва ба чор тараф ѓолибона нигариста, ногоњ назараш ба гулзори на чандон калон афтод, ки он љо Чечист дар тан либоси њарири сабзранг ва мўю кулоњи њарири заррин аз гулбуни сабз гулњои сурх гул мечид. Гўё гул худро ба гул мезад. Мастї тамом шуд, Бендва худро боз хаставу пасту њаќиру ѓулом эњсос кард, нафасаш ба дарун афтод ва њатто хост аз дарвоза барояд. Аммо ин лањза аз хонаи дарун Зарасп баромад. Ў андак нотоб шуда, аз пайи муолиља буд, бинобар ин то љома ба бар карда баромад, ки чанд лањза гузашт.
Бендва гумон кард, ки њоло дашному њаќорат барои аспи бесабаб куштааш оѓоз мешавад. Аммо Зарасп ба ѓуломон амр кард:
—Чаро мисли дарахт шах шудед? Биравед, дасту пояшро бибўсед. Табрикаш бикунед! Хилъат биёред.
Ходиме љомаи шоњона овард. Худи Зарасп љомаро ба ў пўшонд. Њама таъзимаш карданд ва шодбош гуфтанд. Аз ин ѓавѓо нороњат шуда, Рад ва дигарон низ даромаданд. Ва ин манзараро дида, шод шуданд.
Зарасп мењмононро мувофиќи таомули аљдодї зиёфати хуб дод.
Дар хотимаи нишаст гуфт:
—Деви пирї бар сари ман тохтан дорад. Кори мулкро љавонон доштан тавонанд. Њар чи муроди дили шумост, њамон бикунам.
Бендва аз ин рафтори  мардонавори Зарасп ба худ панде гирифт. Ў намедонист, ки Зарасп аллакай аз одамони худ дар дарбор њамаро фањмида, пешакї омода шуд, њарчанд ки дилаш сих зада бемор гашт, илоље надошт. Њарчанд ки ў низ пеши падари Виштосп хидматњо дошт ва ин фармони ўро айни беадолатї њисобид, ба сарнавишт тан дод. Вале бо вуљуди ин, Бендва дар пайи ќасос гирифтан аз ў буд. Зеро ки Зарасп барои айёшї ва нобуд шудани чанд аспаш дар ботлоќи поёни рўд се чор маротиба галабони бепарворо танбењ дода буд. 
—Фаќат як илтиљо дорам, —гуфт Зарасп.—Ба аёлу фарзандони ман мењрубон бошед.
Ваъда дода шуд.
Инчунин, Рад ваъда дод, ки бар ивази чунин олињимматї ва љавонмардиаш ба  Зарасп низ вазифаи мувофиќе ёфта медињанд. Рад аз рўи одат ба њама чунин ваъда медод. Гоњо бар ивази дурусте зар ба ваъдааш вафо низ мекард.
Вале бемории Зарасп шадидтар мешуд. Махсусан, гуфтору рафтори ѓайриинтизори Бендва рўзи марги ўро наздиктар мекард. Зантупатии нав  њар љо ки мерафт, сарварони ќабиларо дашном дода чунин даъво мекард:
—Шумо медонед, ки ман кистам?! Ман галабони дирўза нестам. Ман бо фармони шоњаншоњ омадаам! Баъди ду сол њокими нисфи кишвар мешавам! Ба аспи наѓз як ќамчин, ба аспи бад сад ќамчин гуфтаанд галабонњо. Вале барои баъзеи шумо, харњо дусад ќамчин кам аст! Њарки ба ман гўш намекунад, нест мекунам, бо тамоми ќабила аз кишвар меронам!
Њар љо ки моли тозае буд, бояд аз они Бендва мешуд.
Њар куљо дўшизаи зебое ба воя мерасид, ё  аз диёре мењмонї меомад, аз ў мегашт.
Њар касе, ки канизи зебои румї ё њабашї, ё булѓорї, ё саќлабї мехарид, њамеша аз он тарс дошт, ки Бендва огањ шавад, азхуд мекунад.
Њар касе, ки аз буни кўњистон коне меёфт, медонист, ки нисфи даромад ба кисаи Бендва меравад, зеро ки зўри касе ба ў намерасид, зеро ки аз болои ў шикоят кардан ѓайриимкон буд, зеро ки Бендваро шоњ њимоят мекард. Зеро ки худи Бендва дар назари бисёр касон ба љои шоњ буд.
Бендва худро дар њудуди вилоят шоњи яккаву ягона мењисобид, фаќат рўзњои аввал гоњо тааљљуб мекард, ки чи тавр дањ соли охир аз эзадон илтиљо мекард, ки аќаллан соњиби саманди худ шавад, вале имкон даст намедод ва њоло тамоми гетї зери фармони ў буду дар назараш хеле кам менамуд...
—Пас, -гоње хулосаи куфронае мекард Бендва, — эзад худи шоњ аст.
Оњиста-оњиста ин муќоисањо низ фаромўш шуданд ва гоње бо тааљљуб мегуфт:
—Худи ман—Бендва на танњо аз шањон, балки аз ягон изад кам нестам, њарчи хоњам, њамон мешавад. Ку девону эзадони бадилу гурда, ки аз ман нањаросанд? Њама аз ман мегурезанд…
Бинобар ин, њанўз ду њазор сол ќабл аз сўфиёни асримиёнагї бидуни фалсафаи онњо, барои фурў нишондани эњсоси ногувору кирдори разилона ва хоњишњои патёравораш Бендваи навдидаи навкиса ба худ мегуфт:
—Пас, эзад худи ман њастам!  Ман худоям!

Дар сари Бендва баробари гирифтани маншур фикре пайдо шуд, ки ваќти ниќор расид. Ва аз чї буд, ки ќасоси Зараспро дар висол бо духтари 18-солаи ў Чечист дид. Вале пас аз он, ки Рад ба ў дуо дода, назокати кори додгоњ ва дину давлатдориро фањмонд, андак фикраш дигар шуд. Он замон дањйупати ва зантупатињо баробари кори давлатдорї аз мардумон заруриёти диниро низ талаб мекарданд ва њама додхоњонро додварзї карда, њаќу ноњаќро људо менамуданд.
Бендва дар мавриди духтари Зарасп аз ќонунњо заррае андеша накард, њама гапњои Радро бо як кунљи гўшаш мешуниду пеши назараш Чечисти ба пиндораш зеботарин дўшизаи гетї меомад. Вале як муддат аз майишату нушонўшињои пайваста хаста шуда, зару зевари фаровон чашмашро бурда, гоње ишќ, ё кини дерина ба ёдаш мерасид. Ў амалан худро соњиби сарнавишти Чечаст медонист, вале аз шунидани чанд њикояти деву паири-маири ва махсусан ривоятњои деви мода Љайника ва Љањика дар дилаш вањме падид омад ва њоло дар чењраи Чечаст деве мељуст. Гање чашмони Чечаст дар назараш даево-сон, яъне диќќатљалбкунанда ва аз њад зиёд дурахшону дилрабо менамуд, вале њамоно дар назараш чунин меомад, ки аз зери лабони нозуки духтар дандонњои бузурги зањрчакон намудор мешуданд. Гоњи дигар ду нори пеши бари ў ба ду мори сафеди кулча зада хобида мубаддал мегашт, ки  нохост сар бардошта бо неши зањрогинаш ба ў зањр задан мехостанд.
Вале охири охирон Бендва оње кашиду дар дил гуфт:
—Маро кушад, њамин деви хуношом кушад.

53. СИРРИ МОДАДЕВ

Соњили рўд бо кўњњои сангини сар ба фалаккашида воќеан дар дил њаросе ба вуљуд меоранд. Девона дар зери дарахти калони соњили рўд, ки аз гарданаи дарози гардиши об бањра гирифта чун бињишт ороста ва гулзор шудааст, нишаст ва  рў ба љониби  кўњ оварда бо нола ниёиш кард:
—Ай, паири-маити, Ай деви хуношом, Ай Љањикаи берањм! Шафќат бикун,  як бори дигар худро бар ман бинамой. Ай мањбубаи дилољонї, хоњ ту паири-маири, ё девї, касе набошї, биёву маро бо худ бибар.
Њамроњон дуртар аз ў пинњон шуда назора кардаанд. Њар яке дандон ба дандон монда Анграмаинйуро ситоиш намуд:
—Шафќате бикун, девондев Анграмаинйу.
Касе пайдо нашуд. Шом наздик мерасид. Вале на аз деву на аз парї дараке набуд. Девона зор-зор гирист. Дили мардум ба њоли ў сўхта, њар кадом аз пайи љустуљўи дармоне шуданд, табиати афсункор ба њама шодии бепоён бахшид ва аксарият девро фаромўш карда, яке ба мевачинї, дигаре бо шикори моњиву харгўш машѓул шуд.
Зардушт атрофро мушоњидакунон аз онњо дуртар рафт. Љавоне њамроњи ў буд. Дар буни кўњ ѓоре дид, дар тааљљуб монд. Ба љавон оњиста гуфт:
—Ту аз роњи чап оњиста ба ѓор даро. Пас аз фурсате ман оям.
—Хуб.
Љавон рафт. Зардушт чанде гардиш намуда пештар рафт. Нохост аз ќафо нафаскашии касеро њис кард. Ќафо баргашта, зани зебои љавони таќрибан 25-соларо дар либоси муќаррарии мардуми шањр дид, вале бо ќаду ќомати расо, пуррагии бадан, рўи сафеди моил ба норинљї, сиёњии чашму абрў ва мўйњои љингилааш ин зан дар ин кавну макон назире надошт. Аввал Зардушт ба ў ањамият надода рафтанї шуд, вале зан ўро садо кард.
—Эй марди нек, ин шикорчиён дар гирди хонаи ман чї мељўянд?
—Ба шикори кабк омадаанд.
—Ба ман осеб намерасонанд?
—На. Хонаи ту куљост?
—Дар ин љост.
Зан ба тарафи ѓор ишора кард. Зардушт ба худ ларзид, вале худро ба даст гирифт. Ишорате бар њамроњонаш кард. Рамузи ўро гирифта, нафаре нињонї аз паяш омад.
—Шавњарат куљост?
—Дар шикор аст. Ба њамроњонат бигўй, ки кабкњо мўљиби зиндагии мананд.
—Нек бошад.
Њама сухан ва назокати рафтораш ба назари Зардушт писанд омад. Зан табассуми зебое карду гуфт:
—Шарбат мехоњї?
—Бале.
—Бо ман биё.   
—Хуб.
Бо њамон табассуми малењ зан дасти ўро гирифту аз сўрохии на чандон кушоди ѓор ба даруни сарое даровард. Вай хонаи бузурге буд, дар миёна оташдонест, ки дудаш аз сўрохии байни шифт ба њаво меравад. Назди оташдон ќумѓонњои мисин гузоштаанд, ки пур аз нўшобањои гуногунранг буданд.
Зан дастаи чўбии дарро тофт. Рањи ѓор бо санге баста шуд.
Љавоне, ки пештар даромада буд, инро дида хотирпарешон шуд ва нороњатона ба шифту деворњои ѓор назар кард, то сўрохе дарёбад.
Зан гуфт:
—Осуда бош. Дар ба рўи хирсу паланг бубастам, ки ин љо фаровон аст.
—Нек бошад.
Зан Зардуштро бо њамон хуррамї дар гўшае нишонд ва бо иззати тамом наздаш дар лаълї шарбату мева гузошт.
—Ин шарбати љавзи њиндист, туро неру дињад.
—Ташаккур.
—Дар рухи ту фарри эзидї мебинам.
—Ташаккур.
—Мењре аз фарри ту ба дили ман гузашт.
—Чашмони ту обиянд.
—Ниёгони ман аз Каппаока буданд. Бинўш.
—Мо њама ориёї њастем.
Ва Зардушт шарбат нўшид. Тамъи ногуворе эњсос кард. Ранги боќимондаи шарбатро  сурх дида гуфт:
—Рангаш дигаргуна шуд.
—Ин љањон худ фиребост. Дар шањр маро хуш ќабул кунанд, аммо дар дил зањр доранд... Мо њама падидањои рўшанї ва зулмотем.
—Ин шарбати љавзи њиндї нест.
—Вале туро хуррамї ва неруи… мардонагї дињад..
Зан љомаи худро бадар кард. Куртаи њарири норинљї ќади зебо ва пистонњои барљастаи ўро зеботар нишон медоданд. Љавони дењотї бо тамоми њастї ошиќи ў шуда, бо тани ларзон тамошо кард ва чашму дањонаш калон кушода шуд.
Зардушт санљишомез пурсид:
—Чаро мани нотавону хастаро интихоб кардї?
Зан бо муњаббати тамом ва озодона даст ба ришу мўйи Зардушт бурда, мањс кард ва бо оњанги аљиби асрорангез гуфт:
—Зеро ки ин мардум мисли ту бедордилу шоиста нестанд. Гуфторашон зебост, вале кирдорашон ботил. Аз ин љост, ки ман туро ба  сарварї ва њамсарї баргузидам. 
Садои мусиќии аљиб баромад. Зан бо њаракатњои  сабук ва мавзун ба раќс оѓоз кард ва ишора бар љимоъ намуд:
—Пеш ой, ки шавќ мегузарад.
Зардушт дид, ки чашмони зан сурх шудааст.
—Чашми ту сурх шуд.
—Ранги сурх хуни туро ба љўш оварад ва шањвати туро зиёд кунад. Биё, бо ман ой. Чаро охир сустї мекунї? Бубин тани заррини маро, камари заррини маро, чашмони обии маро, бубин ѓабѓаби офтобии маро, бубин пистони норгунаи ширини хушбўи маро… Ман туро мехоњам ба сарварї ва њамсарї…
Чашмони Дўшиза њоло сабзгуна шуданд, ў дастони нозуки сафедашро ба гардани мењмон њалќа кард. Вале Зардушт ўро сард ќабул карда, гуфт:
—Эй барно, туро чї њаддест, ки ба  мардуми бечора љабру љафо мекунї?
—Аз ман чї бадие бар мардум расад, ки як зани ѓарибам, њама хешони ман дар Каппаока монданд. Шўи ман сарбоз буд, дар љанг њалок шуд. Чанд сол аст, ки поси хотири ўро медорам. Фаќат туро дидаму мењри ту дар дилам љой шуд…
Зардушт ќамчини худ баркашид ва тањдид карда гуфт:
—Каппаока дар дужангња дар Апохтар аст ва куноми девон аст. Пас, ин љойгоњи накўро бояд пок кард.
Зан нохост барошуфт ва хандаи дањшатноки мардонае кард. Пироњани њарирашро аз тан бадар кард. Аз гардан поёни танаш чун бадани зангиён сиёњ, чун тани песон пур аз доѓ, пурчин, бо њазор нишони бало.  Дар дањони ў дандонњои дароз пайдо шуданд.
—Биист! Ман туро мехоњам нобуд кунам!
—Ту на девї, на парї. Ту як зани оддї њастї, ки бо пиндори бад мехоњї аз њисоби ѓорати мардони соддадил зару зевар љамъ бикунї.
—На! Ман девам! Модадеви шўридаам! Номи ман Љањї. Ва њоло туро ба деви марг Насу супорам! 
Зан, ки худро Љањї номид,  бо ангуштони дароз ба ў њучум кард. Зардушт куштии худро баргирифт, бо он зарбае бар зан зад. Зан зарбаро баргардонд ва чанде талош кард, аммо ба зудї шикаст хўрд ва суст шуда афтод. Зардушт бо бандаке дастони занро баст. Шамъро наздики ў овард ва дид, ки сиёњии пурдоѓу пурчин низ сурати устокорона кашидаест дар пироњани хоса. Нохунњои ўро дид, ки устухонњои устокорона часпонидаест. Дандонњои ашки ўро низ сохта дарёфт.
Пурсид:
—Рост бигўй, ки чї касї ва бо ин њила аз мардум чї мехоњї?
Зан илољи дигар наёфт ва узромез гуфт:
—Шавњари ман тољир буд, ўро барои чанд пора зар мардуми ин дења куштанд. Ва ман то љон дорам, аз онњо ќасос мегирам. Њар марди шањватхоњро бо ин васила савдої мекунам ва пулу молашро меситонам. Хостам њамаро нобуд кунам, аммо барои бељон кардан дилам намешавад. Маро наљот дењ. Агар мардуми ин дења асли маро фањманд, ба ман як рўз осоиш надињанд. Ман љои дигар меравам.
—На, парї. Шарти ман дигар аст: Ту имрўз асли њоли худ ба мардум аён мекунї ва ба ин љавонмарди соддадиле, ки аќлашро рабудаї, зан мешавї. Ин худ љуброни марги шавњари ту мешавад.
—Ў љавони хуб аст, аммо бењ он бошад, ки зављаи ту шавам.
—На. Ў аз ишќи ту савдої шудааст.
—Аз ин олињимматї ба ту чї расад?
—Розї шав, вагарна занони ин дења туро сангсор кунанд.
 —Ман дар синаи љумла мардон доѓе нињодаам, вале ту бо ин рафторат тамоми вуљуди маро сўхтї.
—Розї шав.
—Оњ,  дигар чора нест?
— Хости Офаридгори Яктои Њастї он аст, ки њама дуруљ ва афсонањои деву парї аз байн барканда шаванд ва мардум ба дини Ростї гаравад…
Зан илољи дигар надошт. 
Зардушт њамроњи Љањї ва љавонмарди бемор дар ињотаи мушоњидон ба майдон омаданд. Љавони тамоман њушёршуда табассум мекунад, хушбахт аст аз он ки њамроњи модадеви пиндорї Љањї ќадам мезанад.

54. ОЌИБАТИ КОРИ ЧЕЧИСТ

Чанд рўзи аввал њангоми аёдати Зараспи бемор Бендва кўшид, ки ба духтари ў ањамияте надињад. Зеро ки боз як масъалаи муњиме буд: асрори бисёр чизњоро мебоист кушодан. Њоли Зарасп торафт вазнинтар мешуд. Ањли хонаводааш Бендваро чашми дидан надоштанд, зеро ки бемории Зараспро дар сабукдўш шудан аз вазифа ва љои ўро гирифтани Бендва медиданд, аммо њоло њам дарди бахайр буд, ки њокими нав њар рўз ба аёдат меомад. Чечист он ќадар боњуш буд, ки аз нигоњњои Бендва ќасди нињонии ўро базудї ва бехато дарёфт, аммо ба хотири он, ки дарди падари беморашро бештар накунад, ба касе арз намекард ва гумон дошт, ки ин бало рўзе худ аз худ нест хоњад шуд.
Бендва фаќат назора мекард вале дар назараш њамин њам саодати калоне буд, ин дидорњоро то шаб ва шаб то рўз пеши назар оварда, худро тасалло медод ва шукри эзадонро мекард. Њар гањ, ки аз дидани рўи Чечист об шуда, ихтиёр аз даст дода, дар танњої даст ба пешобаѓали  норинљии бардамидаи ормонии Чечист бурдан мехост, боз њам њикояти модадеву ѓулу парї боз ёдаш омада худро медошт.
Аёдат њар рўз такрор мешуд ва мењмон торафт густохтар мегашт. Зараспи ба сафари дунёи менуї даршитоб дигар парвои чизе надошт.
Шоме Бендва модадеви аслиро ба чашми худ дид: як тољир барои ў њадяњо овард ва ќатори дигар њадяњо як зангидухтари чањордањсоларо пешкаш намуд. «Сиёњии пўсти баданашро ба њисоб нагирем, чи монандие ба Чечист дорад»-аз дил гузаронд Бендва. Тасаввур кард, ки он бечора Чечаст мебошад. Вале роњате ёфт. Канизаки итоаткор, ки дар роњи дур хаста шуда, дер боз интизори осудагї буд, худро дар бари њокими ноњия дида, хеле ором шуд. Ба гумонаш њокимон шахсони баргузидаи Худованд мебошанд, ки аз њама дигарон чанд сару гардан болоянд ва куљо донист, ки Бендва яке аз баднињодонест, ки тасодуфан бози давлат ба сараш нишаста аст?
Дар пиндори Бендва чунин мерасид, ки њоло духтар дандонњои зишти девсори худро нишон медињад, ё морњои пеши бараш ўро зањр мезананд. Аммо хониши мурѓони сањар баланд шуда, субњ дамиду дўшиза ѓайри табассуми малењ ва мењрубонї асаре аз девон нишон надод. Роњати азиме аз зангидухтар дарёфт ва ба ў ваъда дод, ки пас аз чанд соате мулоќотро давом хоњад дод. Се рўз дар оташи ишќу висолаш сўхт, вале пасон осуда шуда, ўро як зангидухтари муќаррарї дарёфт. Ё ишќи ногањон сарзадааш хунук шуд, ё дар њаќиќат вай танњо канизи бечорае, ромшудае, ноилољ мондае буд, ки ѓайри итоат ва иљрои њама талабу хоњиши ин мард, новобаста аз он, ки хољааш кист, чорае надошт ва табиист, ки њаргиз љои Чечасти зебои озоди ќайсарро гирифта наметавонист.
Пас аз ин ишќи серўза Бендва дар дил ќарор дод, ки ба нияти деринаи худ расида хоњ ба зорї ва хоњ ба зўрї Чечастро ба даст хоњад даровард. Ишќи осони зангї барояш як машќ гардид.
Рўзњои охир њоли Зарасп тамоман вазнин шуда, аксари ходимон  маоши кофї наёфта, аз ѓазаби ноаёни Бендва тарсида, хонаи ўро тарк карда буданд, Фаќат ду кармакори пири андак хешнамо, ки љои рафтан надоштанд ва ба касе лозим набуданд, тан ба таќдир дода, ин љо монданд ва аз меваю сабзавоти њавлї ризќе меёфтанд. Аммо онњо низ доимо дар боѓча ва полези рўи њавлї бо коре андармон буданд ва њаргиз ба кору рафтори Бендва мамониате расонида наметавонистанд.
Бинобар ин ваќте ки Зарасп аз духтараш хоњиш кард, ки мењмонро ба паноњгоњ барад ва њарчи аз хазина боќист, бидињад, то ўро бо бањонаи пинњон кардани хирољи давлат ба бадномї накашанд ва дигар, њарчи боќї монд, дар гўручўбаш истифода барад, Чечаст ба дањшат афтод, вале сир бой надода, итоат кард.
Он замон дўшизагон дар муњаббат озод буданд, зиёда аз он, танњо касе барои баргузидани шавњар њаќ дошт, ки корномае карда бошад—душмани хонадонро сар бурад, ё дар шикор ѓолиб ояд ва амсоли инњо. Албатта, баъзе дўшизагон ба чанги мардони дилнохоњи бадќасд афтода, азият њам мекашиданд. Аммо Чечист аз шумори онњо набуд. Ќавми онњо кайњо муќимї шуда, аз ин оинњо даст кашида буданд. Дўстдоштае низ дошт, аммо азбаски њоло њарду љавон буданду волидон ба кори худ банд, ба касе забон накушода буд. Њоло бештар ўро ѓами падар ташвиш медод ва барои арзи ишќ замони мувофиќ набуд.
Бинобар ин Чечист бо дили нохоњам, зањр дар дил, вале ханда бар лаб њамроњи Бендва дар саросари кўшки на чандон калон гаштугузор карда, нињонхонањоро ба ў нишон дод.
Дили Бендва аз фарањ лабрез буд, ки бењтарин ва зеботарин дўшиза ўро њамроњї мекунад ва дар хидматаш ќарор дорад. Махсусан, ваќте ки аз долони беодам гузар мекарданд, истод ва ќарор дод, ки ўро озод бардошта, ба аспаш савор карда, ба чањорбоѓ мебарад, вале Чечист аз гузаргоњи танги байни ду сутун гузашту ќасди Бендва дар дилаш монд. Ваќте ба утоќи охирин — хонаи зарнигор расиданд, ў дид, ки дигар даре нест. Ин љо хазинаи њокими ноњия буд. Дўшиза сандуќро кушода, дохили онро нишон дод. Аммо нигоњи Бендва гирди љавоњироти ќиматтаре сайр мекард. Чечаст гармии нафаси Бендваро њис карда, осемасар калидро рўи сандуќ гузошт ва ќоматашро рост кард. Бендва ба орзуи худ хеле наздик расида буд. Њамагї ним ваљаб байни онњо масофа буду халос. Тани гарму нарми дўшизаи дилхоњи бе њимоя монда дар пањлуи  ў буд. Таппиши дили њарду бараъло шунида мешуд. Бендва беихтиёр дастони аз њаяљон ларзони худро ба гардани нозук ва мўйи заррини духтар бурд. Дўшиза табассуми худро дигар накард, ором истод. Ин андаке Бендваро ором кард ва ў бештар ба њаяљон омада, бо чашмони нимпўш ўро оѓўш кард, вале њарду дасташ ба девор расид. Чечистро магар касе то он лањза ёд дода буд, ки дар як он худро паст гирифта озод аз оѓўши кушодаи Бендва људо шуд ва дигар њарфе назада, чун ѓизоли рамида пас аз сонияе аз њуљра баромад. Бендва низ пас аз лањзае ба худ омада ба долон давид, аммо аз Чечаст ному нишоне набуд. Њама дарњоро як-як кушод, аммо аз Чечист дараке наёфт.
Рўзи дигар Бендва бадќасдона ва бо азми ќатъї ба кохи Зарасп омад, вале  даври гардун боз њам ба коми ў нагашт: он шаб њокими собиќ нозинда шуд ва аз субњ хона ба маросими сўг ороста гашт. Марги њамкасон њамаро њушёр мекунад ва њатто бар дили девонагон низ андўње меорад. Бендва низ ниятњои касифи худро фаромўш карда, аз дур Чечистро дида, беихтиёр таъзим кард. Чечист њам ба нишони сипос аз сўгворон таъзим кард.
Пас аз ду шом тоќати Бендва тоќ шуда, маќоли бемаънитарини «мурдањо мурданд, зиндањо зиндагї мекунанд»-ро ба фоидаи худ истифода бурда, ба кохи равоншод Зарасп њуљум кард. Аммо касе намедонист, ки Чечаст куљост. Як канизи пир, ки доягии Чечаст бар ўњдаи ў буд, гуфт:
—Аз тарси бадќасдони номуайяне Чечист њар шаб дар ѓори шафати њавлї мерафт ва шамъ гузошта, то рўз дуо мехонд. Имшаб низ њамон љо рафт, вале субњ аз ѓор берун наомад.
Њамроњ ба ѓор даромаданд. Љойи кушод буд, дар кунље сўрохии ѓор ба дараљае хурд гашт, ки аз он фаќат гурбае гузашта метавонист. Маълум, ки ў гурехта буд. Бендва бо мадади ёваронаш фањмид, ки шаби гузашта аз ин дења як љавони дигар—заргарбача низ ѓайб задааст. Дар як он муњаббати Бендва ба ѓазаби бемисли ў мубаддал гардид. Аз ѓояти алам эълом кард, ки духтари њокими собиќ љавоњироти мулкро гирифта, њамроњи заргарбача ѓайб задааст. Агар ****д, заргарбачаро фавран нозинда кунанд, духтарро баста пешаш оваранд, то ки љавоњироти дуздидаашро баргардонад.
Вале солњо гузашту аз он њарду касе дараке наёфт.
Он љавоњирот дар дасти худи Бендва буд. Ва чун дид, ки касе љиддан онњоро суроѓ намекунад ва барои љашн андозчинон боз маблаѓе љамъ карданд, дигар аз онњо ба касе дањон накушод. Онњо чандон зиёд набуданд, вале Бендва ба чунин навъи аљибу осони дуздї одат кард ва минбаъд сиккањои симу зар дар кунљу канори хонаву њавлии ў ѓайб задан гирифтанд. Бар ќасди ин ишќи нокоми худ Бендва ќарор дод, ки дигар ба касе дил нахоњад дод ва њар соњибљамоле, ки ба ў писанд омад, филфавр ба ком хоњад расид. Бинобар ин, њар гоњ ки дилаш мехост ва касе андаке писандаш меомад, ё ба зўрї ё ба зар дил меёфт ва ба висол мерасид.  Њар гањ ки корафтодагон дар назди дари ў зиёд љамъ шуда, соате интизор меистоданд, маълум буд, ки Бендва боз бо як зани корафтода, ё зани ба тариќи њадя овардаи марди корафтодае сар ба як болин гузошта, «масоили мубрами яклањзаинаи худро» њаллу фасл мекард.Чун ин одати ў ба њамагон маълум шуд, вазифахоњону тамаъкорон ба ў њам зар меоварданд ва, албатта, дўшизае, канизаке низ ба номгўи чизу чораи ришва њамроњ мегашт. Ва сарнавишти бисёр корњои давлат, баргузиниши мардони њузарбро ба вазифаю маснаде бисёр ваќт на сифатњои шахсии марди тањамтани мансабхоњ, балки ширинии табассуми лабони нозук, њайратангезии пистони дамидаи зангидухтаре, карашмаи чашмони зани рўсапие ва ё сиёњиву нозукии холи дўшизаи њиндуе муайян мекард. Вале бо вуљуди ин, Бендва серї надошт аз майишат, аз сарват, аз љавоњирот, аз лољуварду фирўзаву лаълу ёќут, ишќи занњои рўсапии нав ба нав.
Вале ба њар њол, оќибат Бендва гирифтори модадеве шуд: боре, њангоми љашни Наврўз ба њаволии амалдоре рафта ба духтари ў назар кард ва аз рўи одат, ки гўё як њиссаи пешаи ў гашта буд, ба як нигоњ дил дод. Аз ин пас Бендва ба њар бањона, барои пурсидани њоли чизе, ё барои аёдати он амалдор ба хонаи ў меомад. Пас аз чанде овоза шуд, ки љавонпањлавони њоким ба духтари соњибхона писанд шудааст, ё амалдор худ духтарро ба ў бахшидааст. Шояд барои халосї аз шарму њаё, ва ё пешгирии ягон сўиќасд, ё ба хотири мукофоте, ё умуман барои ёфтани домоди пањлавонсурату сарватманд, падар розї шуд, ки духтараш зани Бендва шавад. Ў  писар надошт ва пас аз чанде  галањои аспу говаш ба духтару домодаш гузашт. Бендва худро хушбахттарин кас мењисобид. Вале пас аз чанде он дўшиза беш аз пеш фарбењ шуда, бо ѓурбату љанљоли доимиаш дар њама корњо бар сари ў зўрї мекардагї шуд. Дар назари Бендва  ў чун як гўсфанди фарбењ менамуд, њамчун зан барояш ањамияте надошт, вале наметавонист ба сухани ў љавобе дарёбад. Занро лату кўб кардан барои ашрофон гуноњи сахттарин њисоб мегашт. Бинобар ин ѓазаб карда дашноме медоду дар њасрати рўи Чечаст дилаш танг мешуд. Ба ў чунин менамуд, ки њама чиро дорад, вале бахт надорад. Зављааш њам батакрор худро сарсахту берўзї мехонд. Ба Бендва вазифааш имкон медод, ки бар канизакону  дўшизањои бењтарин даст ёбад. Зављааш бошад, худро аз ин рафтори шавњари бевафояш бадбахттар шуморида, бо вуљуди аз колову озуќа бениёз будан ѓамбемор шуда, торафт фарбењу баднамудтар мегашт. Ў мегуфт, ки Худованд беадолат шудааст, ки ўро партофтааст ва беш аз њад азият медињад ва торафт аз худованд ва аз ў дуртар мешавад.

…Аша Зардушт равон шуд њамроњи писарамакаш Маидйузарем аз роњу бероња, аз кўњу биёбонњо, то бештар ба худо наздик шавад.
Ба Маидйузарем гуфт:
—Мубадон моро ќабул надоранд, зеро ки ба дил розї бошанд њам, аз гуфтаи мубадёр Братрештур дур намераванд. Пас, њоло, ки сармубад Датуш иљозат додааст байни мардумон мебояд рафт.
—Ман њамеша њамроњи ту хоњам рафт.
—Вале ин роњи мушкил ва пур аз хатарњост.
—Бок нест. Сар дар роњи худо нињодан безаволист.
—Нек бошад.
 Амакзодагон ба назди сокинони шањру дењ рафтанд ва дар њар мавриде чун кори умум, ё маросиме имкони сўњбат пайдо мешуд, Зардушт сухан мегуфт. Гање худ мардумро љамъ карда аз кеши нави бењї њикоят мекарданд.

55. АРЉОСП ДАТУШРО ЌУРБОНЇ МЕКУНАД

 Тахти Арљосп. Шоњ мубадёри ќавињайкал Братрокрештурро гўш мекунад.
— Рањонандаи бузург, шикоят аз сармубад Датуш дорем… Ў дастур додааст, ки Зардушт њарфњои зандиќонаи худро дар маъбадњои мо ошкоро таблиѓ кунад.
Ана њамин шикоят аз сармубад Арљоспро моил намуд, ки арзи кадом як мубадёрро гўш кунад. Вале сиккаву сурати Братрокрештур бо сари калони бемўй, ќади баланду бозувони ќавиаш ўро мутаваљљењ сохт. Ў ба мазмуни арзи вай камтар ањамият дода, њангоми суханронии ў њушаш бо он банд буд, ки ба вай ана њамин хел як љавони ќавипайкару баландовозе зарур аст, ки дигар рўњониён аз ў битарсанд. Мубадон мубад Датуш дар назараш аз њад зиёд пиру фартут ва эњтиёткор менамуд. Вале чора надошт, бањонаи љиддие зарур буд, ки ўро сарнагун кунад. Зеро мубадон аз љумлаи мардумони бумї баргузида мешуданд ва амалан шоњ бо маслињати онњо кор мекард, зеро ки эшонро дар робита бо ќуввањои осмонї медонистанд. Ва дерест, ки Арљосп дар пайи нест кардани Датуш бањона мељуст, махсусан, нодуруст баромадани фоли ўро гуноњи нобахшиданї мењисобид.
Братрокрештур бехабар аз андешањои шоњ гуфт:
—Таблиѓоти Зардушт барои аз дарун барњам задани кеши мењрпарастии ниёгони мо зарбаи марговар аст.
—Пас, мубад Датуш ба хиёнат роњ додаст?
—Бале. Оќибати ин кор…
Бањона ёфт шуд, Арљосп ба ў дигар фурсати дањон кушодан надода фармон дод:
—Ба ман мубаде зарур аст, ки њам хирадманд бошад ва њам неруманд. Аз ин пас сармубад туї. Датушро барои Худои бузург Митра ќурбон кунед.
—Ба чашм.
Пас аз чанд соат Датуш аз олам чашм пўшид. Гўё бо аљали худ нозинда шуд.
Мубадон сарвари нав Братрештурро табрик намуданд.
Барои бисёр касон вай устухони дар гулў дармондае шуд. Аммо гуфтаанд, ки ба худододагон  ситеза макун, ки худододаро худо додаст…
Аз ин рў, майдони тарѓиби кеши нав барои Аша Зардушт хеле васеъ буд. Барои Аша Зардушт пеш аз њама зарур омад, ки дар муносибатњои оддитарини инсонї, робитањои ќавмию оилавї тартиби дурустеро љорї кунад. Зеро, ки он замон ин муносибатњо хеле чигил ва маѓшуш буданд.
Аз он љумла, дар дењкадаи калоне байни Зардушт ва шунавандагон бањсе барпо шуд:
— Кадом њимоя боэътимодтар?
—Њимояи худованд боэътимодтар.
—Кадом дўст ва кадом меросбар бењтар?
—Бародари хуб дўсти бењтарин, писари хуб ва эътиќодманд меросбари хуб, зани солењаи хуб—њарифи бењтарин барои шодї.
—Кадом сарват бењтар, кадом шодї хурсандибахштар аст?
—Сарвате бењтару писандидатар аст, ки бо роњи дуруст гирд оварда шуда, бо дурусткорї саришта мешавад.
—Бењтарин шодї кадом аст?
—Саломатї, бехатарї, номи нек ва ростгорї.
—Чї бењтар? Камбизоатї, сарват, ё давлат?
—Порсої бењтар аст аз сарвати бо роњи ноњаќ гирдоварда. Агар сарват бо роњи Ростї љамъ шудааст ва барои кори нек масраф мешавад, бе чизе нест. Вале дар хусуси давлат мегўянд, ки идоракунии хуби як дењ бењтар аз идораи нохуби кишварест.
—Писари ман бист сол дорад, вале танбал аст ва мехоњад, ки барояш ѓамхорї кунем.
—Танбалон бењамияттарин касонанд, ки ба онњо хадя ва ё садаќа додан савоб нест. Аз танбалї ва ѓизои дигарон њосилкардаро хўрдан тани онон бешараф, рўњашон гунањгор мешавад.
—Бар зидди сарнавишт бо аќлу хирад набард кардан мумкин аст ё на?
—На. Дар соати сарнавиштсоз хирадманд гаранг мешавад, нодон —доно, тарсу— нотарс, вале нотарс —тарсу, оќил —коњил, вале коњил—оќил шавад.
— Барои соњиб шудан ба сарвату дорої ва бо он корњои неку шоиста кардан худоњо ба мардум чизе медињанд, ё на?
—Медињанд. Вале ин дар олами менуї муайян мешавад. Вагарна дуруљкорон ба тамоми сарватњои замин ва мардум соњиб шуда, онњоро боз њам аблањтару ношоисттар мегардонанд.
— Аз сарватмандон кї камбаѓалтар аст ва аз камбаѓалон кї доротар?
—Аз сарватмандон касе камбизоаттар аст, ки аз доштааш ќонеъ нест ва мекўшад, ки онро боз бештар кунад. Аз камбаѓалон бойтар њамон аст, ки бо доштааш ќаноат мекунад ва дар бораи зиёд кардани сарват намеандешад.
—Бењтарин некї ва Ростї чист? Рањмат, ё хирад? Пиндори нек, ё њисси ќаноатмандї?
—Барои рўњ накўкорї бењтар, барои љањон-ростї, барои тан хирад, барои корњо пиндори нек, барои осоиши тан ва рафъи Ањриман ва девон—њисси ќаноатмандї…
—Чаро говон, гўсфандон, мурѓон, паррандагону моњиён аз зода шудан ба кори худ омодаанд, вале одамон, то наомўзанд ва талоши зиёд накунанд, таљриба карда наметавонанд?
—Дар ибтидо одамон чунон хирадманд буданд, ки њангоми корњо ба чашми худ мукофоти амали нек ва љазои кирдори некашонро медиданд. Вале сипас чањор чиз аз назар нињон шуд: мукофоти амали нек, љазои кирдори бад, андешањои одамон ва оќибати корњо.  Ана, барои њамин, кешу омўзишњои нодуруст дар љањон парешон шуданд ва аз  надонистани корњои нек одамон ба њамон дине эътиќод мекунанд, ки ба онњо омўзондаанд ва ба ёрии он соњиби давлат мешавад.
—Кї пуртоќаттар аст?
—Ањура Маздо, ки 9000 сол корњои зишти Ањриманро нисбат ба офаридањояш дида, њатто монеъ намешавад.
—Киро сарватманд ва киро камбизоат гуфтан мумкин аст?
—Сарватманд касест, ки аќли расо дорад, дуюм саломат аст ва хатаре эњсос намекунад, сеюм аз сарнавишташ розист, чањорум, аз росткорї сарнавишт бо ў созгор аст, панљум номи нек дорад дар назари худо ва дар забони мардум, ба дини поки бењии Маздаясно эътиќод дорад ва сарваташ аз ростгорист.
—Камбизоат касест, ки хирад надорад, дуюм солим нест, сеюм дар тарсу вањму дурўѓ зиндагї мекунад, чорум касест, ки кадхудои сарнавишти худ нест, шашум номи бад дорад дар пеши худо ва забони одамони нек, њафтум касе, ки пир асту ўро на фарзанд њаст, на авлод.   
—Кадом гуноњ гаронтар аст?
—Сахттаринаш –содом; дуюм, касоне, ки ба гуноњи содомї дода мешаванд; сеюм—кушандаи порсо; чорум, касе, ки оташи Бањромро мекушад; панљум, парастандаи бутњо; шашум касе, ки амонати дигаронро ба худ харљ мекунад; њафтум, касе, ки кор  намекунад, вале мехурад; њаштум, љодугарї; нўњум, парастандаи девњо; дањум- пуштибони дуздон ва дуздї, ёздањум—ќасосгир; дувоздањум, зўровар; сенздањум, тўњматчї,чањордањум, касе, ки ба назди зани дигарон меравад, понздањум, касе, ки  аз корњои гузашта норозї, аз ѓами дигарон шод мешавад, ба осонї гуноњ мекунад ва аз некии худ дар њаќи касе афсўс мехурад.
—Кадом одам пурзўртар аст?
—Пурзўртарини мардум касест, ки деви даруни дили худро маѓлуб мекунад.
—Кадом роњ дањшатноктару мушкилтар аст?
—Роњи дањшатноктарин роњи Чинвод аст.
— Бо чї Ањриман одамонро фирефта ба дужангњу мебарад? Аз чї вай шод мешавад?
—Боз мегўям, ки Ањриман чизе нест бидуни тасаввури шумо. Вале агар чизе бошад ва зиёне расонида тавонад, он аст, ки  мардумро бо моли барзиёд ва  камбизоатї, девњои њарисї, шубња, њасад мефиребад, аз душмании одамон шод мешавад.
—Кадом кирдораш барои худи ў гарон аст?
—Ваќте ки рўњи касеро медуздад ва бо корњои бад рўњи покро нобуд мекунад…
—Бе дурўѓ зиндагї зебо нест…
—Эй мардону эй занон, дар ин љањон ин рост аст, ки дурўѓ дилрабо воменамояд, вале ин њам рост бошад, ки он шуморо аз хештан дур мегардонад. Анљоми он бадномї ва нооромист. Он шодии дурўѓкоронро табоњ месозад. Он Ростиро мешиканад. Бо чунин корњост, ки шумо зиндагонии минуиро барбод медињад. Шеваи Андешаи дурўѓкор нобуд мегардад. Вале агар шумо ин анљуманро рањо кардед, вопасин сухани Шумо «Вой» хоњад буд. Бо ин корњост, ки бадкорон фиреб мехўранд ва бар якдигар фарёд мекашанд. Бишавад, ки ба дастёрии фармонравоёни хуб осебу куштор банд ояд ва Оромиш ба хонањову ободињо дар ояд ва озор нопадид гардад.
Ин гуфтугўйњо номи Аша Зардуштро вирди забони мардуми Турон кард, бисёрињо бо эњтиром ўро парастиш мекарданд. Ва ин хабар сармубади нав Братрокрештурро сахт нороњат мекард. Чанде тафањњуси њол намуда, ба ёд овард, ки ў њамон њамсояи нуктадону адолатхоњи ў аз собиќ зодбумаш Дарељйа аст. Шояд мањз њамин њол Зардушт ва таълимоти нави ўро дар назари Братрокрештур беэътибор гардонд ва ё тарси он, ки агар кеши нав аз љониби кулли мардумон ва давлат пазируфта шавад, эътибори ў коњиш меёбад ва ин мансаби олии нав соњибшудааш аз даст меравад, сармубади нав, њамсояи собиќ Братреш худро душмани љонии Зардушт њисобид ва одамони худро вазифадор кард, ки ба кори Зардушт монеъ шаванд.

56. ВИШТОСП ОСОИШ МЕЉЎЯД

 Кохи Кайвиштосп. Шоњи љавон дар андеша. Чандест, ки Фрашаоштра бемор шуда, аз њамин хонадон бародари далеру пурдониши ў Љомосп ба маснади вазирї баргузида шуд. Ў аз имтињон гузашт ва њоло назди ў истода арз мекунад.
—Боз як дењаро кўчиёни сакої ѓорат кардаанд.
—Худованд маро бар он гумоштааст, ки њомии ин мардум бошам. Вале ман зиндаву дар боѓи ман шаѓолон мегарданд. Ин хилофи ањди мост. Чаро кўчиён ањдро вайрон кардаанд?
—Мегўянд, ки аз хушксолї он љо ѓалла кам рўидааст, ба ќавмњои туронї ва чодарнишинон гуруснагї тањдид мекунад.
—Пас, чї бояд кард? Љанг?
—На, шоњам. Бояд љўйњои нав кофта, оби рўдњоро ба сањро љорї кунем. Њимояти Роњи лољувардро бояд мустањкам кунем, ки њама маводи зарурї ба мулкњои њамсоя аз љониби бозаргонњо расонида шаванд.   
Ин маслињат ба Виштосп писанд омад.
Ў савганд хўрда буд, ки њамеша барои сулњу салоњи байни ќавмњо талош хоњад кард. Маслињатњои бидахши нави љавон низ бо завќу талошњои ў созгор омад.
Сарварони њафт мулки Ориёї бо сарвари Кайвиштосп ањднома ба тасвиб расониданд. Дар байни маликон Норашнї ва Арљосп низ буданд.
Виштосп нутќ кард:
—Ниёгони мо, ориёни покнажод, дар мушкилтарин лањзањо бо њам даст ба даст дода, мулки пањновари Ориёнвайљро обод намудаанд. Имрўз, ки мо ањди дўстї бастем, њамаи 14 кишвар чун як тану як љон њамроњ барои шукуфоии њама мардуми Ориёї талош мекунем. Ин њама боду бўрон, хушксоливу заминларза ва њама мусибатњои дигар назди неруи ягонаи мо ољиз хоњад монд…
Њама сарварони кишвар ба расми дўстии самимї дар базми дўстї ширкат намуданд. Бале, таќрибан се њазор сол ќабл сарони њама мулкњои Ориёї барои вањдату ягонагї байни худ иттифоќ доштанд ва бо кўшишу талоши њамагон чандин муддат сулњ њукмрон буд.
 Аз ин ба њама тарафњо суди калон мерасид. Вале Рад ва Бендва барин касон суди бештаре мехостанд. Аслан њардуи онњо ба дарди бедавое гирифтор шуда буданд: њар ќадар чањорпову симу зарашон зиёд мегашт, ќонеъ нашуда, боз њам зиёдтар мехостанд, пайваста дар андашаи дарёфти роњњои нав ба нави сарватандўзї, ё худ сарватдуздї афтоданд. Ва ин њисси барои онњо гуворо, вале барои дигарон ногувор ду дўсти деринаро ба њам хеле ќарин гардонд.
Бинобар ин,  дар пешнињоди Кайвиштосп — бунёди навток—бо љўйњои нав бурдани оби рўдњо ба ташналабони Суѓду Дањистону Сайиримињо онњо имкони хуби дарёфти сарватро диданд. Нахустин коре, ки бо маслињати ў Бендва кард, бо бањонаи хушксолї аз меъёр камтар об додан ба дењоти хоразмї буд. Вале азбаски дар мавсими гармо њар ќатра об баробари љон буд, кишоварзон ба ў илтиљо мекарданд, ки бар ивази зар ба онњо оби бештар дињад. Бо ёрии одамони худ Рад ин амали зишташро ба таври махсус байни дањистониён ва дигар кишварњо овоза кард. Њоло њама дар љайбњо зари фаровон ба суроѓи об меомаданд. Аслан, онњо њаќи њамдигарро медуздиданд, вале Бендва аз ин њисоб сарват љамъ мекард.
Аз ин суханњо андак-андак ба гўши шоњи каёнї мерасид, аммо ба хотири дўстии собиќ Виштосп њамаро сарфи назар мекард, ё худ гирифтори кори муњиме буд. Кори муњим низ буд. Ў дар андешаи он афтод, ки зиндагии кўтоњмуддат бояд барои чизи муњимтаре равона шавад. Ва ин фикри воло ва нек мардумони бисёр шањру вилоятњоро ба ў ќарин гардонд ва барои иттињод бастан шароит ба вуљуд овард. Аммо барои Рад ва Бендва ва њаммонандњои онон чизи дигаре зарур буд.

57. ЗАРДУШТ АСИРИ ЧОДАРНИШИНОН ШУД

Барои Аша Зардушт ва њамфикронаш зари холистарини менуї зарур буд ва пайваста дар кўњу биёбон, байни ободиву ноободињо, дар миёни мардум гашта, мехост аќидаву тинати мардумон, маънии њаёту зиндагонии ононро дигар кунад.
Канори биёбон. Зардушти хаставу андешаманд њамроњи Мадйузарем ва чанд нафар пиёда равон аст.
Њавои хуши бањор, њарљо-њарљо ушнањои сабз… Буттањои сабзи ањён-ањёни бањори биёбон манзараи дилрешкунандаи регзори одатан хушки бегиёњи нафассўзро хуш мегардонад. Њамроњон хушдил шуданд, вале чизе хотири Зардуштро парешон кард.
Як садои барќвор баланд шуду аз байни хомањои рег чандин савораи љалду чолок пайдо шуданд ва дар як замон ба гардану миёни њарду камандњо афтоданд. Саворон нўги камандро ба зини аспњошон бастанд ва беист равон шуданд.
Аспњо дартоз шуданд. Зардушти дастбастаро, рў ба осмон рўи регзор кашола карда мебаранд. Дар ин њолат њам Зардушт рў ба осмон ниёиш мекунад:
—Ай Худои Доно, Кай Ростї ва Маниши неку Шањриёрї ба сўи ман хоњанд шитофт?
Сипоњиён дар паси хомаи рег, назди сарвари даста истоданд
Маидйузарем, писарамуи Зардушт аз дарди озори каманд нолишомез пурсид.
—Одамони нек, аз мо чї мехоњед? Мо мусофирем.
Дар љавоб сипоњии калонсоли тимсоли балои биёбон тозиёнаи худро бар сари пурсанда бардошт, омирона ва даѓалона пурсид:
—Зардушт туї?!
—На…
Сипоњї бо шубња ба ў назар кард,  ќамчин бар сари ў бардошт.
—Э-эњ…!
—Истед! —нидо кард сипоњии љавоне.
Дигарон итоаткорона истоданд. Маълум, ки ў сарвари дастаи сипоњиён аст. Либоси хоси љанговарон дар тан ў шабењи љавонмарди наврасидаи ѓаюрест. Вале чењраи хуштарњу чашмони бодомї ва мўйњои фатилааш гувоњи он, ки дар ин саманд дўшизаи хушгуњаре нишастааст. Бале ў Заррина духтари сарвари ќавми кўчї Норашнї аст. Ва њоло ё аз њавои бањори тавбашикан, ё аз расидан ба синне, ки дил девона мешавад, ё аз ќазову ќадар, ё аз фарри эзадии асирони навбатї буд, ки ба онњо бо мароќ нигарист. Аз дидани онњо чењрааш равшан шуд. Ба Зардушт нигарист ва бо овози комилан дигаргуна, сипоњигариро аз даст надода, пурсид:    
—Ту њастї Зардушт?
Майидйузарем хост пинњон кунад.
—На, на…
Аммо Зардушт худро ошкор кард..
—Зардушт манам. Њар љазое бошад, ба ман расонед. Инњо бегуноњанд.
—Ту шифо бахшидї ба зантупатии ќавми њамсоя?
—Худованд ба ў шифо бахшид…
—Дастњои асиронро кушоед, –амр кард Заррина.—Ба Зардушт асп дињед.
Фармон зуд ва бесухан иљро шуд. Ба Зардушт аспе доданд, инони аспро духтар ба дасти худ гирифт ва онњо асп тозонда аз дигарон пештар гузаштанд. Њоло духтар ба ў дурусттар нигарист. Дар сари аспи бодпо љавонмарди комилеро дид, ки аз њама назокатњои саворї бохабар, зебо ва пурнур аст. Дар дилаш бањори гулафшон падид омад.
Шояд барои фурў нишондани ѓалаёни дил сухан гуфта, гўё беањамиятона пурсид:
—Сардори ќавми њамсоя дар љанги мо захми сангин бардошт, вале ту наљот додї?
Зардушт њоло фањмид, ки гап дар сари чист.
—Ин хости Офаридгор буд.
—Туро дар он дењкада маљбур карданд?
—На. Ёрї ба њамкасон вазифаи њар як инсон аст.
—Вале аз мо рањму шафќат интизор нашав.
—Чаро? Ту њам дар њаќќи мани ношинос накўїњо кардї.
—Маро ба чашми кам набин. Паланги биёбон дар назди ман ољиз аст.
—Шак надорам. Вале худованд туро барои Муњаббат њаст кардааст, на барои аспу камину камону каманд.
—Њамин камину камону каманд аст, ки маро зинда медорад. Пешаи ту чист?
—Ман омўзгорам.
—Чї меомўзї?
—Дўст доштани худоро, дўст доштани њаёт ва зиндагие, ки Ањура Маздо офаридааст.
—Маро њам дўст доштан биёмўз: дар рањи муњаббат дил захмї шавад, чї мебояд кард?
—Хирад мебояд, ки эњсоси дил туро ба маќсад расонад.
—Агар дўстдоштаи ман нафањмад, чї мебояд кард?
—Ишќи ўро аз худо талаб бикун. Њар хоњише, ки аз самими дил барояд ва худ бар он устувор биистї, аз љониби офаридгор ќабул шавад.
—Пас, худоро бояд дўст дошт.
—Хуш гуфтї, Паланги биёбон! Муњаббати худо ихтиёрист.
Сифат кардани Зардушт ба дўшизаи аз муњаббат ва шўруу шари љавонї маст  писанд омад, дилаш чун ѓунча шукуфт. Инони аспи Зардуштро ба сари зини ў партофт ва аспи худро мањмез зад.
Зардушт њам аз ќафои дўшиза рафт ва њарду дар биёбон баробар асп тозонданд. Дигар дар ин биёбони нопайдоканор куљо имкони фирор кардан буд?
Ин њоли Воќеан њам зебо ба духтар хуш омад. Хеле асп тозонданд. Вале аз дур дидани хаймањои хайли худ ўро андак ноумед кард, аз осмони њафтуми орзуњо ба замин фаровард. Духтар маљбуран боз сипоњ шуд ва ѓалаёни эњсосро дар дил фурў нишонда гуфт:
—Ќавми мо њамин љост.
Аз байни регзор гўё ногањон чандин  хайма рўиданд.
Шикорчиён  баргаштанд, аспњои онњо бо даванд буданашон фарќ мекарданд, пеш аз баромадан ба онњо мањлули бо сирко омехта менўшонданд, ки нотарсу љасур шаванд ва њангоми рўбарў шудан бо хуки ёбої, ё гург ба њаместории онон бархезанд.
Мардумони ин ќавм асосан гўшти гўсфанду буз ва андак говро истеъмол менамуданд, аз аспу шутур фаќат пиру фартутшудаашонро забњ мекарданд. Гову аспу шутур вазифањои бештару муњимтар доштанд. Њайвоноти вањшї—хуку оњуву рўбоњ, кабку тазарв барои ќонеъ кардани завќу ѓурури худхоњии мардони шикор буд. Аз шикори харгўш чизе намегирифтанд, вале њама аз ќафояш метохтанд ва ин кор мисли бузкашї ба намоиши неруи тан ва њушёрии сарбозон мубаддал мешуд. Њатто ривоят мекунанд, ки дар набарди њалкунандае рўбарўи лашкари душман саф оростаанд, вале лањзае пеш аз љанг дар сафи пеши лашкар бенизомї ба амал омад, сипас ќаторњои ќафо низ ба даву тоз даромаданд. Лашкари душман дар њайрат монданд, ваќте ки дурусттар нигаристанд, диданд, ки сарбозон лонаи харгўшњоро дида, њамакаса аз пайи онњо давида, љанг ва артиши душманро фаромўш кардаанд.
Њаместорон аз ин фоли бад гирифтанд ва љанг накарда баргаштанд:
—Агар ин артишдорон пеш аз љанги марговар, чун бачањои беѓам аз пайи харгўш тозанд, маѓлуб кардани онњо ѓайриимкон аст. 

58. НОРАШНЇ АЗ ЗАРДУШТ ШИФО МЕЉЎЯД

Пањнањои биёбон. Ќабилаи чодарнишин дар байни хомањои рег лангар задаанд.
Дар пеши хаймаи бо пўсти бабр ороста сарвари ќабила Норашнї андешаманду њазин гаштугузор мекунад. Аз хайма садои нолиши зан ба гўш мерасад.  Дар камари Норашнї сари одамї кашол аст, ки нуќракўб шуда, ба љои љоми шароб хидмат мекунад. Дар як тараф коњин маросими ниёиши девон дев Ањриманро мегузаронад. Ба њайкалчаи Ањриман либоси зарину сиёњ пўшонидаанд. Коњин зери лаб дуо мехонад. Мийаздро дар оташ месўзонанд.
Ин мардум аз ќабилањои кўчии чорводор, њамон як пораи ниёгони ориёии мо буданд, ки таќрибан севуним—чањор њазор сол пеш аз таѓйири иќлим ва фарорасии яхбандињои Замин тарки нахустватани шимолї карда, ба сўи гармоњои љануб, ба ин мулк кўч бастанд. Ва аљибтар он аст, ки аз кишвари аввалини ориёињо ќавму авлод дар давоми на як солу дањ сол, балки дар давоми садсолањо ва њазорсолањо рў ба гармоњои љануб омадан мегирифтанд ва гоњо љою макони худро наёфта, оќибат маљбуран ба њаёти кўчї одат мекарданд. Ќабилаи Норашнї аз љумлаи онњо буд, ки дар давоми чанд дањсола њудуди калони биёбонро чун макони доимї ихтиёр кард, аммо ризќу рўзии худро аз шањру дењоти мардуми ориёии муќимишуда бармегирифт.
Зарина њамроњи Зардушт омад, назди падар рафт, чизе гуфт.
 Норашнї, ки осори хавотирї ва чанд шаби бехобї дар чењрааш њувайдост, аввал  беэътиноёна ба Зардушт нигарист, вале баробари дидани ў дар дилаш умеде пайдо шуд. Азбаски ба ин гурги солдидаи биёбон њатто дар бистари марг сипоњигарї хос аст, танњо ишорае кард.
Зарина бесухан Зардуштро ба хайма бурд.
 Пас аз лањзае Зардушт назди Норашнї баромада гуфт:
—Бо мадади Њастибахши Якто шифо хоњад ёфт.
—Эй, марди нек, агар ба додам расї, туро аз молу манол бениёз гардонам.
—Њама кор дар ихтиёри офаридгори яктои њастї Ањура Маздост.
—Вале агар ба њамсарам осебе расад, туро бо њазор азоб бикушам.
—Пешоби буќќа биёред ва оби гарм.
Оварданд. Зардушт дасташро бо пешоби буќќа шуст. Норашнї каме оромтар ва мулоимтар шуда, хоњиш кард:
—Эй марди нек, агар њамсарамро наљот дињї, аз молу манол бениёз мегардонам. Агар фарзандамро наљот дињї, њар хоњишатро иљро мекунам. Агар њардуро—ними ќаламравамро ба ту мебахшам.
—Аз Худованди яккаву ягона Ањура Маздо мадад биталаб.
Зардушт аз анбонаш теѓи Тритаро бароварда бо пешоби буќќа шуст ва дар шўълаи оташ сурх кард. Аз дидани теѓ Норашнї дар тааљљуб шуда тањдиде кард:
—Вале агар хатое равад, аз њазор љонат яке амон нахоњад ёфт.
—Њама кор дар дасти Ањура Маздост. Аз ў биталаб. Оби гармро ба хайма баред…
Бо ишораи Норашнї њамоно дар карсонњои чўбию мисї оби гарм оварданд…
Амалиёти љарроњї оѓоз ёфт.
Нахуст Зардушт ба зан нўшобаи њаума—эфедрин нўшонд. Зан ором шуд.
Сипас Зардушт Мантраи варљовандро хонд:
—Њамаи гиёњони доруиро бо бузугдошту офарину ниёиш барои дармони тани мардумон фаро мехонем.
Ман мегўям: Эй беморї, дур шав.
Ман мегўям: эй марг, дур шав.
Ман мегўям: эй дард, дур шав.
Ман мегўям: эй таб, дур шав.
Ман мегўям: эй нохушї, дур шав.
Агар бемории маргзой шомгоњон фароз ояд, дармони он бомдодон бирасад.
Агар бемории маргзой бомдодон фароз ояд, дармони он шомгоњон бирасад.
Агар бемории маргзой шабњангом фароз ояд, дармони он бомдодон бирасад.
Эй кўдак!
Ман туро бо ин ниёиш ва мантраи варљованд дар зодану болидан пок мекунам.
Эй зан!
Ман бо ин ниёиш ва мантраи варљованд неру ва тани туро беолоиш мегардонам.
Сипас Аша Зардушт теѓро ба даст гирифт. Дар рўи шиками дамидаи зан теѓи Трита сабук давид. Хати сурхи хун пайдо шуд. Садои гиряи тифли навзод атрофро пур карда, аз шурўъ шудани њаёт дар љисми наве хабар дод..
Садои шодии Норашнї, Зарина ва дигар атрофиён ба ў зам шуд.
Њама Норашниро табрик карданд:
—Шараф ба шоњзода!
Зардушт шиками занро дўхт.
Норашнї Зардуштро оѓўш кашид.
Заринаи шоду хушбахт омад ва падарро ба хайма даровард.
Марди тањамтани дурушти дар пешониаш наќши шамшер ва дар даст изи дандони шер аз дидани тифли навзод чун кўдаки лоубол шод гашт. Сари Заринаро ба дил пахш кард ва чанд тангаи тиллоро ба сари зану тифлу њозирин партофт:
—Бигузор роњи ту њамеша зарину дурахшон бошад.
Бозубанди аљибе аз зару нуќраро ба дасти кўдак баста илова кард:
—Бигузор ин бозубанди зарин ба ту њамеша њушдор дињад, ки ту асилзодаи ориёї њастї ва майдондори ориёињо њастї…
 Деги зиёфат мељўшад.
Ба муљассамаи девондев ва худоњои дигар заур ва мийазд оварданд.
Дар ин байн Зарина ба таъзими Зардушт омада гуфт:
—Сипосгузорам, эй марди нек. Њар хоњише дорї, падарам иљро бикунад.
—Ташаккур.
—Фаќат илтиљо дорам аз ту: њамеша бо мо бимон.
—Аммо роњи ман њоло дуру дароз ва пур аз хатарњост.
—Роњи ту роњи дарёфти худованд аст…
—Бале.
Сухани навбатии дўшиза чун савганд садо медињад:
—Аз ин соат ман шогирди туям ва бо пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ситоиш мекунам Ањура Маздоро…
—Сипосгузорам аз худованд, ки мењри худро дар дили чунин нозанине љой карда.
Пас аз муддате дар хаймаи Норашнї нишастанд. Сардори ќабила ва Ашу Зардушт дар танњої сўњбат карданд.
—Шифокоре ба мисли ту ба ман лозим аст. Туро шоњи бањру бар кунам. Њарчи талаб дорї, ба љон иљро кунам.
—Дар хайли шумо њама хуб аст, озодї, чобукї, баробарии зану мард. Вале парастиши девон салоњ нест…
—Ин парастишро на ман оѓоз кардаам. Падарам ва падари падарам ба ин муљассама ибодат мекард.
—Мебояд, ки ба парастишњои дурўѓини девњо хотима бахшед. Чунин ќавми далеру бохирадро парастиши Њастибахши Якто—Ањура Маздо мебояд.
—Ин кори сањл нест, уќобони ман бовар доранд ба Гурги Биёбон Герењмо, ба девондев Ањриман, ба олиња Аноњита, ба боди бад Вой. Ва ниёишу заур овардан ба ин эзадон њамвора ба онњо ќуввату далерї бахшад…. 
—Ин роњи хатост. Ин роњи Маниши бад аст.
—Ба мо роњњое бинамо, ки ба озодагии Маниши нек мерасанд.
—Ин роњ њамон роњи Маниши нек аст: бо пиндори нек ва гуфтори нек кирдори нек кардан бо он дини судрасони барљаста аст. Кирдори нек танњо аз роњи Ростї ба хурсандї меанљомад ва ин барои родманишон муздест, бахшояндаи он Худои доност. Далерї ба мисли озодї хуб аст, вале Офаридгори Яктои Њастї мефармояд, ки онро набояд бар зарари инсон истифода бурд.
—Ин сухани хуб аст, аммо дилњои сарбозонро суст кунад ва аз ин сустї моро шикастњо расад. Ризќи турирйањои кўчї  дар дасту пойи ќавї ва дили сангини онњост. Барои пиёда кардани кеши ту фурсати зиёде зарур аст. Дар ин байн дар набардњои байни ќавмњо мо нобуд шавем.
—Агар њама аз рањи Ростї ва хирад раванд, љанг хотима ёбад. Охир мо њама бародарони њамхунем, њама ќавмњои Ориёї њастем. Мебояд, ки аз дили одамон кинаро дур созем ва мењру муњаббатро густариш дињем. Худованди яккаву ягона њамаро баробар медонад, аммо зўрию фишор ќисмеро зердасту гурўњеро забардаст карда.
Норашнї ба Зардушт эътироз кард:
—Агар фиристодаи худо њастї, бигўй, ки чаро ќути мо ин ќадар кам аст ва чаро љойи мо биёбони регзор шудааст?
Зардушт ба харитае, ки дар рўи регзор кашида буд, ишора карда чунин шарњ дод:
—Мо њама ќавмњои ориёї њастем. Ниёгони мо њама аз пањнои бињиштосои Ориёно њастанд. Онњо аз таѓйири иќлим ва фарорасии яхбандињои Замин тарки нахустватани шимолї карда, ба сўи гармоњои љануб, ба ин мулк кўч бастанд.  Сипас ќавмњои Ориёї боз се таќсим шуда, як ќисмаш ќад-ќади рўди Њинд сўи Њиндустон, ќисми дуюмаш аз рўди Ому гузашта, тавассути Элом ва Дашти бузург ба марзњои Мод ва Митан роњ кушоданд. Вале ќисми аз њама афзуну соњибќудрати онњо дар Бохтару Гава Суѓд ва Хоразм монда, дар пањноњои њосилхези рўди Вахви Даития (Ому) ва Дану (Сир ) бунёди фарњангу мењани нави худро гузоштанд. Шумо њам сакоињои Ориёї њастед, вале биёбонро баргузидед ва чорвопарвариро ихтиёр кардед.
Норашнї эътироз кард:
—Аммо барои зистан моро аз хўриш чорае нест. Ва ин хўриш дар дењањо ва шањрњост. Биравем, биканем ва биёрем, то вису хонумони худро ќуте бахшем.
—Заминњои шумо серњосиланд, вале кишт нашудаанд… Замине, ки дерзамоне кишт нашуда бимонад, ношодком аст ва барзгарро орзу кунад, њамчунон ки дўшизае шавњари хубро. Позаи нармкунандаи замин чун тиру камону љом ба мардумї аз осмон омадааст. Касе, ки заминро бо дасти чапу дасти рост бо дасти росту дасти чап кишт кунад, замин ба-д-ў фаровонї бахшад. Касе ки ѓалла бикорад, дини Маздоро чунон неруманд гардонад, ки онро бо сад ниёиш тавон кард, бо сад њазор ниёиш тавон кард, бо дањ њазор пешкаше тавон кард.
Њангоме, ки љав бор орад, девон аз љо бармељањанд, њангоме ки гандум фаровон бирўяд, дили девон аз њарос меларзад. Њангоме ки гандум орд шавад, девон нола бармеоваранд. Њангоме ки гандум хирман шавад, девон нобуд мешаванд. Дар хонае, ки аз орди гандум нон мепазанд, девон фарсахњо мегурезанд.
Норашнї, њарчанд ки њуши ў љои дигар аст, ба гуфтањои Зардушт бо диќќат гўш дод. Ва нињоят гуфт:
—Кишоварзї дилњоро суст кунад. Ва пиндору гуфтору кирдори неке, ки ту мегўї, дасту дили сакоиро суст кунад ва ин боиси марги сакоињо шавад. Ман бовар надорам ба њељ чиз ѓайр аз бозувони худам. Ризќрасони мо бозувони моянд!
Аз берун садои ѓирев ва табрики мардум баромад.
Назди пои Норашнї марди дастбастаеро партофтанд.
Норашнї даст бардошт. Њама хомўш шуданд.
—Бо хостори яздон имрўз мо соњиби писар шудем, давомдињандаи насли мо падид омад. 
 Ѓиреви мардум баланд шуд:
—Шараф ба шоњзода.
—Барои шањзода ва барои ѓалабаи имрўза сархайли душманро «њазор тир» кунед. Тири аввалро ту бикшой, Зарина.
Нидои вањшиёна баланд шуд.
Ба дасти духтари зантупати, ки аз ягон шоњдухтар кам набуд, бо тантана тиру камон доданд. Зоњиран, шоњдухтари биёбон аз шахдухтарони шањрнишин бо њамин фарќ мекард.
Дар ин байн Зардушт хост монеъ шавад:
—На, на! Истед! Истед.
Норашнї ба Зардушт ишора кард, ки хомўш бошад.
—Ин оини ниёгон дили сарбозонро ќавї кунад ва онњо барои модарону хоњарон нон оваранд.
—Истед! Ќурбонї кардани одамї назди худоён ќабул нест.
Аммо куљост гўши суханшунав? Њушдорњои Зардушт дар байни дуду оташ, ѓавѓову њаракатњои сарбозони масти чашмонашон хунгирифта ношунаво монд. Пас аз риояи ќоидаи динї ва назру ниёз овардан ба оташ,  њама нўшобаи муќаддас њаома нўшиданд. Сипас Зарина бо дастони ларзон тирро аз камони худ рањо кард. Дар як лањза њазор тири дигар парид ва сархайли асир ба хорпуште мубаддал шуд, ки љои хор гўё тир рўида...
Зардушт бо афсўсу надомат роњи худро дар биёбон идома дод.
Ин чодарнишинон ба њаома нўшокии муќаддаси маздаяснон чї нисбате доштанд? Китоби илњомбахши мо дар ин хусус њам маълумоти кофї медињадл:
Чандин боби «Ясно» ба ниёиши ситоиш ва мунољоту дуоњо дар васфи Ањурамаздо ва ёварони ў, эзидону фариштагон (аз љумла Бањман, Сипандормуз, Суруш) бахшида шудааст. Се боби навбатии «Ясно»  (9 – 11) иборат аз таърифу тавсиф ва ситоиши Њаома – нўшобаи рустании нерўбахшест, ки маздопарастон онро ба њайси эзиди дармон, ќуввату пирўзї мепарастиданд. Фишурдану истеъмоли хаома амали муќаддаси динї ба шумор рафта онро њангоми ќурбонї кардани чорпоён барои худо Ањуро Маздо дар лањзањои тоату ибодат менўшиданд. Катибаи Бесутун, ки дар ањди Хахоманишиниёни Форс бо амри Доро сабт шудааст, аз сакоињои хаумаварг – яуне сакоињои ситоишкунандаи хаома ёд мекунад. Афшураи хаомаро бо шир њамроњ кардану гову аспро ќурбонї кардани маздопарастон  аз тарзи зиндагии мардуме башорат медињад, ки пешаи онњо чорводорї будааст. Гумони ѓолиб он аст, ки сакоињои њаумаварг ва дигар сакоињои бодиягарди Осиёи Миёнаву пањноњои Амударё ба тоифањои ориёињо мансуб буда, баъдтар кеши зардуштї ва бузургдошти Худои ягона Ањуро Маздоро пазируфтаанд.
Њамин тариќ, ситоишу ниёиши хаома чун расму оини муќаддаси динї аз даврањои хеле ќадим то рўзњои мо расида, ба бисёр масъалањои норавшани таърихи мазњаби зардуштї равшанї меандозад. Дар боби сакоињои њаумаварг њаминро афзуданием, ки бархе аз муаррихон  сокинони Ишкошим (номи собиќааш Сакошим) ва Систон (Сакистон) – ро аз аљдоди онњо мешуморанд. Дар байни мардуми тољик, алахусус сокинони Бадахшон ва дигар ноњияњои кунунии Тољикистон растании њаома бо номи хома, бирешимхома то имрўз маъмул аст, ки дар тибби халќї чун бахшандаи мадор ва маводи ваљдовар истифода мешавад.

59. ЃАМИ ВИШТОСП
 
Дўшизаи зебову нозукандом нохост аз олам даргузашт. Виштосп бо андўњи гарон бо ў видоъ кард. Ва ин ўро ба андеша водор намуд.
Љомосп ўро ѓарќи њамин андешањо дарёфт.  Хшаянт аз вазири љавон бо ќањр пурсид:
—Дар «Роњи лољувард» чї њол аст? Чаро Лољуварду Лаъли Бадахшон ва зару мис аз «рањи лољувардї» ба љањон фиристода намешаванд? Чаро корвонњо ба манзилњо намерасанд?
—Зантуњои кўчии сакої ба корвон њуљум карда, сарвати онро ѓорат кардаанд.
—Аз ин бўи љанг меояд. Мо магар ба онњо кам накўї кардаем?
—Зиёдтар аз он, ки мебояд. Аммо, маълумоте ки дорем, чизи дигар мегўянд: чанд ќавми шањрнишин њам ба ѓорату чаповул даст заданд. Мардумро омўзиши дигар мебояд кард.
—Чї тавр?
—Аќлњоро рўшанї мебояд. Дирўз дар љашни Тўрон марди аљиберо дидам, ки омўзишњои нав мегуфт, аз Худои яккаву ягона њикоят мекард. Номаш Зардушт.
—Ўро ба дарбор оваред. Вале њоло зарби шамшер ва куштори саросари нобафармонњо аќлњоро дигар кунад. Ва мебояд, ки марзњои мулкро устувор кард. Кист сазовори ин кор? —Зарир! Шањзодаро бихонед.
Шањзода Зарир дар чањорбоѓ бо дўшизаи дўстдоштааш дар гуфтугўй буд, ки амри шоњро расонданд. Бо дилкашолї бо мањбубааш видоъ карду ба айвони ќаср баромад. Назди шоњ омад ва ба таъзим истод. Вале ба њар њол таъзими ў аз дигар дарбориён фарќ дорад. Ў љавонмарди тањамтан аст ва далерию љасорату мардонагиаш аён аст, нишонањои сипањсолорї дорад. Ва эњтироми бародарро комилан ба љой меорад.
—Дуруд, рањонандаи бузург.
—Дуруд, шањзода. Мушкилоти бузурге пеш омада: муддати мадидест, ки номи љангро ќавмњои ориёии мо фаромўш кардаанд. Ва мо «Роњи лољувард»-ро барои њама кушода нигоњ медорем, аммо аз он бўи љанг меояд. Мебояд, ки марзњои Бохтарро нек нигањ дорем. Ту марди бузург шудаї ва ба ин вазифа шоистаї.
Шањзода Зарир аз ин фармон дар њайрат шуд, вале худро ба даст гирифта гуфт:
—Ман ба фармони туям.
—Ин фармон нест, ин хоњиши бародаронаи ман аст. Њарчи аз размафзору хоставу сипоњї зарур аст, баргир ва ба марзи Бохтар бирав. Мулкњои соњили рости Оахшоро ба ту мебахшам. Сакоињои кўчї дар  шафати онњоянд. Мулки худро соњибї бикун.  Хостори онам, ки «Роњи лољувард» ба мо танњо осоиш биёварад.
—Ба чашм.
Аз он, ки мулки он тарафи рўи Омуро расман ба ў бахшиданд, Зарир шод нагардид,зеро ки ин бадарѓа буд ва људої аз мањбубаи дўстдораш. Бе аќди никоњ ў наметавонист ўро бо худ бубарад. Вале ба њар оин, њамчун мењанпарасти номвару пархошљўй њамоно ба роњ баромад.

Ана њамин роњи кушодаи лољувард имкон дод, ки Зардушт њамроњи корвонњо аз њама мулкњои Ориёно гузар кунад ва кеши нави худро ба мардумон расонад.  Корвонњо аз ’арб ба Шарќу аз Шарќ ба ѓарб, аз Шимол ба Љанубу аз Љануб ба Шимол њаракат мекарданд ва мамлакатњои гуногуни Осиёи Марказиро бо Чину Њинд, Ќафќозу Рум ва Мисри ќадим мепайваст. Ба хотири дар он замон ќурби баланд доштани санги лољувард ба он Роњи лољувард ном нињода буданд. Ин њамон роњест, ки дертар, дар садаи дуюми пеш аз милод номи «Роњи абрешим»ро гирифт.
Боз биёбони регзори тафсони хастакунанда бо девбоду регкўчињо. Ва Зардушт равон аст бо азоби алим, вале бо иродаи  ќавї. Аз худ ва худо мепурсад:
—Куљоянд пешравоне, эй Маздо, ки аз Маниши нек огоњанд ва оини гаронбањоро чї дар фаррохї ва чї дар тангї бо дониши густурдаи худ анљом медињанд? Ман љуз ту касеро намешиносам. Пас маро дар партави Ростї паноњ бидењ.
Бегумон њастанд, касоне, ки аз ин корњои мо чунон метарсанд, ки нотавоне аз тавоно битарсад, зеро корњои мо барои онон басе бимнок аст. Эй Худои Доно, касоне ба оини ту душманї меварзанд, ки ба Ростї намеандешанд ва аз Маниши нек дурї мељўянд.
Эй Худованди хирад, роњи ту чист ва хости ту чї? Ситоиш чисту ниёиш чї? Фароз гў, то бишнавем ва подоши касонеро, ки аз рањнамоии ту пайравї мекунанд, бидонем. Аз партави Ростї роњњое бинамо, ки ба озодагии Маниши нек мерасанд.
Худоё, ин њамон роњи Маниши нек аст, ки маро нишон додї ва он дини судрасони барљаста аст ва он ин аст, ки кирдори нек танњо аз роњи Ростї ба хурсандї меанљомад ва ин барои родманишон муздест, ки эй Доно, бахшояндаи он ту њастї.
Ќофилаи шањзода Зарир аз пеш гузашт, вале на ў ба Зардушт ањамият дод ва на Зардушт ба ў. Њар киро дар сар андешањои дигар буд.

Зардушт дар биёбони беобу гиёњ равон аст. Нуре падид омад ва рўи Зардуштро равшан кард.  Зардушт ба  эзид мурољиат мекунад:
—Эй Ањура Маздо! Чї гуна туро хушнуд тавонам кард? Ба кадом марзу бум рўй оварам? Ба куљо паноњ љўям? Маро аз хешовандону ёронам дур медоранд. фармонравоёни дурванди сарзамин хушнудам намекунанд. Эй Маздо! Ман медонам, ки чаро нотавонам. Аз он рўй, ки хостаам ночиз аст, сарват кам дорам ва касонам андакшуморанд. Аз куљо ва аз кї моро ёрї бирасад? Моро њомии пурзўре мебояд. Бишавад, ки онон назди мо оянд, бо неру, бо пирўзї, бо дармон, бо омурзиш, бо некхоњї, бо Аша, ончунон, ки Маздои тавоно ононро пирўзманду љањонорой биофарид…
Йата ању ваирйа!
Нохост хомањои баланди чун мављњои шахшудаи бањр тамом шуда, пояш ба замини сахт расид, ќадаммонї хеле осон шуд. Њайрон шуд, ки чї  мўъљизаест. Дар њудуди њазорњо бозуи одамї кўњњои регро барњам додаанд. Куљо шуданд регњо, кадомин тањамтан чи тавр ва ба куљо бурдааст онро?  Шунида буд, ки пеши регњоро бо обу ободї мегиранд, вале то њол надида буд.
Аз дур чанд мардро дид, ки дар байни сањро чизеро бод медињанд. Аввал гумон кард, ки гандум бод медињанд, вале дурусттар назар карда гиребон дошт. Рег аст… Дигар барояш асрори нињон намонд. Дењгонон нахуст заминњои сахттари байни теппањои реги баландро љуфт карда, ду баробар зиёдтар об сар медоданд. Регњои дарёвор мављзананда дар пеши Апам Напат—њазрати об њайрон монда, майда-майда, ќатра-ќатра об шуда, зер хўрдан мегирифтанд. Об ќуму хоки сахтро якљоя карда, шибба намуда ќабати њосилхезе ба вуљуд меовард. Вале ин њам кам аст. Акнун мардумон реги њайронмондаро кашонда рўи ботлоќчањову кўлњои кўчак мепартофтанд, то замин њосилхезтар шавад ва њам регзор кам. Љое, ки рег байни замини киштбоб чун љазира монда буд, бо белњои калони чўбї пош дода, чун пору ба  замин мепартофтанд. Ва рўзњои бўрону регкўчї, њангоме ки њама љондорон дар лонањо нињон мешаванд, кишоварзони асил бо бел регњоро баланд њаво медоданд, то ки шамол онњоро ба љойњои дуртар бурда, ба заминњои онњо неру бахшад.
Ва боз биёбони регзор ва Зардушти равон бо чашмони пур аз умед ба рўзи нек.


60. БАЗМИ ДЕВЊО

Дар шањру дењоти сершумори пањнои Ориёно њаёт бо љўшу хурўш идома дорад. Одамон ба љањони њастманд меоянду ба олами фонї мераванд, аммо дар ин фосилаи кўтоњ ханда мекунанду ашк мерезанд,  ошиќ мешаванду рашк мекунанд, давр меронанд ва ба њазорон гуноњу савоб шарик мешаванд.
Дар базмгоњи Арљосп дар њавои кушод базми Арўси Даќоиќ бо мусиќиву чакома оѓоз гардид. Мардум мутобиќи дараља ва мавќеи худ дар базмгоњ љой гирифтанд:  ашрофону вазирон, сарлашкарон ва саркоњинон дар наздиктари тахти шоњ ва  кишоварзону њунармандон дар поёнтар. Дар атрофи Арљосп вазирон, ањли хонаводааш ва мењмонон— намояндагони дањйу (вилоятњои алоњида) љой доранд.
Арљосп дар бар либоси фохир  дар тахт нишаста, мењмононро истиќбол мекунад. Ороишоти зарини афзору олот ва либоси худро он замон нишонаи асилзодагї ва покии нажоди Ориёї медонистанд. Азбаски ориёињо дар давоми чандин аср аз мањаллањои  сарди шимол омадаанд, бо худ либосњои гарми худро низ меоварданд ва дар шароити њавояш нисбатан гарм онро нигоњ доштанд, вале андак сабуктар намуданд. Дар гирди шоњ ходимон дар хидматанд.
Зантупатињо—сарвари ќабилањои кўчиёни Ориёї ва дањюњо-волиёни мулкњои алоњида бо тўњфањо —шутурњо, аспон, канизон ва ѓуломон, пўсти хирс ва ѓайра  меоянд.
Ва ана, зантупати Норашнї бо њамроњии бародарзодааш Сатват, духтараш Зарина, сарбозон ва чанд ѓулому каниз ва аспњо омад. Дар камарбанди ў ва њамроњонаш косањои сари одамї овезонанд, ки бо тиллову нуќра хотамкорї шудаанд.
—Дуруд ба шоњ Арљоспи далер. Ин љоми ѓалаба— косахонаи сари душмани ман Казаллак аст, ки чанде пеш барафкандам. Сари душмани ман хоки пойи ту бод.
—Хуш омадї, зантупатии хубрама ва фарохчарогоњ Норашнї.
Арљосп бо кароњати базўр пинњонкарда косаи сари одамиро ба вазир дод.
Шањзода Зарир, бо хадяњои худ омад. Маънии Зарир— зарринзирењ ва зарринкамар бошад. Либосу ашёи ў њама зарин аст, тўњфањояш низ— мањсули дасти заргарон ва њунармандон.
—Анўша будї, наљотбахши бузург, Арљоспи далер. Дуруду паём ва армуѓони хшаянт (шоњ) Кай Виштосп бар Шумо расод. 
—Дуруд ба пањлавонон ва шањзодагони Кайвиштосп.
Намояндагони якчанд мулк аз дувоздањ кишвари мустаќилу бархе ниммустаќили Ориёно љамъ шуданд.
Сипас мусобиќаи пањлавонон шурўъ гардид.
Пайравони эзадњои гуногун аз эзадњояшон њимояту мадад металабанд:
—Эй деви Хашм, ба ман ќувва дењ, ки њамаро саркўб кунам.
—Аредвисура Аноњита, маро њимоят бикун, ки бозуву гардани њама гарданкашон бишканам…
Идомаи базм. Дар мусобиќа писари бародари Норашнї –Сатават чандеро маѓлуб кард. Вале дар набарди охирин шањзода Зарир ўро маѓлуб намуд. Њама тањсину офарин бар Зарир мекунанд.
—Сад сол бизї, њазор сол бизї…
  Аммо духтари зантупати Зарина аз ин сахт ранљид. Ханљари нињонии худро аз зери камарбандаш даст-даст карда дар љояш дарёфт ва ба худ гуфт:
 —Ман ќасди бародарамро ситонам!
Бархест ва тарафи майдон чанд ќадам гузошт. Аммо њис кард, ки касе ба сўяш назар мекунад. Ба чап нигарист, нигоњи норизоёнаи падарро дид. Бо чашму абрў ишорае кард. Падар бо ишораи инкор сар љунбонд. Ва духтар норозї бошад њам, бо ишораи Норашнї ноилољ ба љойи худ баргашт.
Ёвари Арљосп бо ишорае њамаро мутаваљљењ карда гуфт:
 —Њоло ќисми хотимавии маросими Арўси Даќоиќ фаро мерасад. Шоњдухтар Заремайа ва дигар ашрофзодагон дўстдоштагони худро интихоб мекунанд.
Шањзодагону вазирзодагон бо кибру ѓурур ба духтарон менигаранд. Чанде аз дўшизагони шўйногузида дар даст ќадањи майи арѓувонї  бо њаё пеш омаданд. Ба љавони писандидаашон ќадањи шароб доданд.
 Назари њама ба шоњдухтар Заремайа равона шудааст. Хомўшї. Дўшизаи норпистони болобаланди гардансафеди либосаш њама заринкўб ќадањи май дар даст аз пеши ќатори шањзодаву вазирзодагонро гузашт. Сатват ва Зарир монданд. Заремайа ќадањро ба дасти Зарир дод. Њама шод мешаванд ва сано мехонанд.
Арљосп аввал рўй турш кард, вале ноилољ монд ва бо тамкину оромї гуфт:
—Писандидаи Шуморо писандидем. Умед мекунем, ки аз ин пас дўстиву муњаббати њама ќавмњои Ориёї мустањкамтар мешавад. 
Њама изњори шодї кардаанд. Дар байни онњо Зардушт њам шод аст.
Чакомаву раќси хотимавї оѓоз шуд.
Вале дар ин байн бо ишораи зантупати Норашнї Сатват ва чанде сипоњиёни чолок Заремайаи дар ѓафлат мондаро дуздида ба зини асп кашида, фирор мекунанд. Норашнї њам пайт ёфта, худро зуд аз базмгоњ дур кард. Сипоњиёни Арљосп муќобилат карданд, вале кўчиён сарбозони мастро кўфтанд  ва барќвор дур шуданд.
 Нафаре аз сарбозони Арљосп, ки аз зарбаи сахте љароњат бардошта, дигар њаракат карда наметавонист, бо алам гуфт:
—Рањи кўњї ба пањнои биёбон мебарад. Агар, ки ба биёбон бароянд,  ба онњо  расидан, доштан ва ѓолиб омадан бар сакоињои кўчї ѓайриимкон мешавад. Зеро ки он љо њар зарраи реги биёбону хомањои рег ёвари онњост.
Шањзода Зарир, ки бо шамшер зарба мезад, ин суханњоро шунид ва зуд аз пайи таъќиби сакоињо  шуд. Зуд теппаи пурсанги кўњи на чандон баландро гузашт. Аз сари шах болои яке аз сипоњиёни савораи Норашнї љањид ва ўро аз асп афтонда, худ савор шуд, ба асп ќамчин зада ба Сатават расид, ки Заремайаи мадњушро сари зини аспаш мебурд.
—Биист!—амр кард ба Сатават  Зарир.
—Бигиред ўро! –амр кард ба сарбозон Сатават.
Чанде аз сарбозон каманд бар ў партофтанд, Зарир бо як кашиш сарбозонро аз асп афтонд, Чанде хостанд бо шамшер ўро аз роњ гардонанд, вале Зарир онњоро бо як-ду зарба маѓлуб кард. Нафаре хост бо тири камон ўро барандозад, аммо тарсид, ки тир ба худи Сатват нарасад.
Аспњои Зарир  ва Сатават пеш рафта аз дигарон људо шуданд.
Дар љанги тан ба тан Сатават бори дигар маѓлуб шуд.
Боз чанд сипоњиён расида омаданд. Дар байни онњо Зарина низ њаст. Ў бо ѓазаб пайкон ба хонаи камон гузошт ва Заремайаро нишон гирифт. Зарир, ки бо сипоњие дар набард буд, бо шамшер зарбае зад ва ўро аз худаш тела дод. Тири камони Заррина ба сипоњї расид ва Заремайа амон ёфт. Зарир ба сўи Зарина ханљаре партофт, Зарина чун донандаи разм худро паси асп гирифт. Ханљар ба аспаш расида, онро маљаќ кард. Зарина ба Зарир бо диќќат нигаристу дилаш аз эњсосе ларзида бељуръат шуд. Зарир зан будани ўро фањмида, шамшерашро аз сари ў баргирифт. Заремайа низ ба нишони миннатдорї  ба Зарир бодиќќат назар кард ва мењри бештаре эњсос намуд, шамшери сарбози афтодаеро бигирифт ва дар набард шуд.
Аз дидани ин њол Зварир бори аввал дар дили худ гармии мењри ўро эњсос кард ва бо њазор љону дил мафтуни ў шуд.
—Анўша будї, Заремайаи далер!
Заремайа низ гуфт:
—То абад ёри ту хоњам буд.
Ќуввањои асосии Норашнї наздик омаданд. Заремайа њушдор дод:
—Эњтиёт шав, шањзода!
Сипоњиён тири камонњои худро ба онњо рост карда наздик шудан гирифтанд. Пас аз лањзае онњо ба майдончаи мувофиќ мерасанд ва он гоњ метавонанд усули «њазор тир»-ро истифода баранд. Зарир аз дасти Заремайа гирифта, ба гўшаи пур аз харсангњои аз тир паноњи соњили рўд овард.
Сипоњиён тамоман наздик шуданд. Тири камонакњоро ба онњо рост кардаанд.
Зарир Заремайаро рўи дастон бардошт ва шитобон худро аз баландї ба рўд афканд. Об онњоро паноњ кард.

61. СУВРВА ТАВБА КАРД

Суврва пас аз сабаќи Аша Зардушт ба атроф бо чашми хирад нигарист ва бори аввал дид, ки чи кори зиште бо одамон мекунад: нони дањонашонро канда мегирад ва гўё дилу љигари одами зиндаро канда мехўрад. Бо теѓ бар сари касоне метозад, ки умре ба ў бадї накарда буданд. Аз худ нафрат кард, аз пешааш нафрат кард, аз њампешагони девсори кахваредиаш нафрат кард. Тавба кард. Ният кард, ки аз девзодагон тамоман људо шавад. Аммо ду чиз сади роњаш гашт. Аввалан, куљое мерафт, пасттарину зишткирдортарин мардумон аз собиќаи ў огоњ шуда таънааш мезаданд, ки ў аз ќатори девзодагон аст. Зиёда аз он дилаш мегирифт, ки бо вуљуди ба девзодагияш иќрор будан, ў ба кирдори парњезгорона ва некукорї пардохта тавонист, аммо дар гуфтору рафтори мардумони ашаван кирдори зиштро зиёд медид. Дурўѓ гуфтан пайи даровардани даромади муфт, ба хотири мансабаке, ба хотири худро аз дигарон болотар њисобидан як чизи муќаррарї буд. Суврва медид, ки ўро ба як дирњами пучак харидан мехоњанду мефурўшанд.
Аммо илоље намеёфт, ки аз  Маидийар ба хубї људо шавад. Азбаски љавон буду неруи тан ва аќли равшан дошт, сарвар ба ў рухсат намедод. Ў ба вай зарур буд. Аслан кахваредагињо дар интихоби љою макон озод буданд, вале аз Кахвареда баромадан имкон надошт. Борњо шудааст, бо нияти љои дигар ёфтан ё барои издивољ нафаре аз он љо мерафт, вале дар муддати хеле кўтоњ ба таври ногањонї он мард ѓайб мезад. Маидийар намехост, ки сирри Кахвареда ошкор шавад ва завол ояд. Бинобар ин мегуфтанд, ки Кахвареда фаќат як дар дорад: барои вуруд. Дари баромад фаќат ба дахма мебарад.
Вале ваќте нияти нек аз тањти дил шуд, бањонаи хуше низ падид омад: ба шањраки онњо гурўњи тољирон аз водии Синд  омаданд, ки чанде аз онњо пайвандони наздики Маидийар буданд. Онњо аз сарвар хоњиш карданд, ки барои таъмини бехатарї муњофизон бидињад.
—Як худи Суврва ба шумо кофист,—гуфт сарвар.
Ба ќаду бозувони Суврва нигариста мењмонон дар њайрат шуданд.
—Ба як дўсти мо сахт монанд аст: Даршиника. 
—Даршиника зинда аст?
—Ўро мешиносї?
—Ў —бародарам. Ба тарафи Синд рафта буд. Њафт сол аст надидаам…
Маслињат шуд, ки Суврва њамроњи мењмонон ба Њинд меравад, бо пайвандонаш мулоќот мекунад ва таќрибан баъди як сол њамроњи њамин корвон бармегардад. Ва бо њамин, роњи ў ба озодї кушода шуд.

62. СУВРВА ДАР ЊИНД

Биёбонњои гарму сўзон тамом шуданд, кўњњои мушкилгузар паси сар монданд ва водињои фарохи рўди Синд пеш омад. Чашм аз дидани обшорони баланду љангалњои анбўњи зебо, пурњо, яъне шањр-дењоти бузург роњат мекард.
Даршиника аз дидори бародар кўдаквор шод гашт. Рўзи дигар барои дидори пайвандони дигар ўро ба шањри дуре бурд. Роњ аз байни дењоти гулбасар мегузашт. Њаво назар ба навоњии биёбонии Бохтар хеле фарќ карда, наму гармї баландтар буд, Њамааш хуб буд, вале ба назари Суврва чунин намуд, ки ин њама бошишгоњњо муваќќатиянд, зеро сари њар ќадам хоначањои вайрона ба назар мерасиданд.
—Ин тарзи њаёти инњост,—шарњ дод Даршиника.—Махсусан барои пањнбинињо хонаи обод ањамият надорад. Вале мардуми зањматдўст ва хушодобанд, ба њама мењрубонанд, дари хонаву дари дилашон њамеша боз аст.
Даршиника њама чизро медонист, гузаштаро медонист, ояндаро пешгўї мекард. Ў њикоят кард, ки Њиндустон аз ќадим мањалли зуњури тамаддунњои гуногун будааст, ки њар кадом маншаву манбаи људогона дошт. Дар ќисмати љануби Њиндустон ќабилањои аслу насабашон австролиёї, дар шимолу ѓарб мадитаронаињо-кавказињои аз тариќи бањри Миёназамин муњорљиршуда, дар шимолу шарќ ањолии пўсташон тира, дар кўњњои Њимолой ќавмњои муѓулї мезистанд. Дар шимолу ѓарби Њиндустон тамаддуни дигаре буд хоси Осиёи ѓарбї ва Африќої.
Вале њангоми убури як мавзеи назди рўд харобањо торафт бештар шуда ба шањре расиданд, ки он љо касе зиндагї намекард. Суврва борњо чунин шањракњоро дар моварои Вахва Даитйа дида буд. Аммо ин шањри мурда бо бузургї ва биноњои зиёдаш ўро ба њайрат овард. Дар ин љо комилан њаёт мављуд набуд.
Даршиник гуфт:
—Ин шањри Хароба, аст, мардуми тањљої Харапње мегўянд, бархе Хараппа талаффуз кунанд.
—Чаро дар ин љо касе зиндагї намекунад?
—Ин шањрро сад сол пеш касофат зад. Пеш Хароба шањри ободе буд. Мардум аз оби рўд ва хоки ин љой барои худ бахтгоњ сохтанд. Кўзањои гилини пурнаќши Хараппа дар тамоми љањон шўњрат ёфта тољирон онро ба пули зиёд харидорї мекарданд. Дар назар чунин менамуд, ки кўзањо баробари савту садои аљиб аз худ нур  мебароварданд.
—Пас чаро ин шањр шикаст ёфт?
—Як ќисми мардум хеле сарватманд шуданд. Аммо сарваташон кам намуд. Онњо ба раќобати байни худ сар карданд.
Суврва аз пеши кохи вайронае гузашта, зерсутунњои бузург ва боќимондањои маъбади бузурги сангинро дида, ба њайрат афтод. Њар љо муљассамаи худоёни дерин ба назар мерасид, ки дар сар ба љойи мўй шохњои печидае доштанд ва дар бари онњо њайвонот љой гирифта буданд.
      —Ин Пашупати, худои деринаи мо, њомии њайвонот аст —гуфт Дарнишка.— Онро Шива њам мегўянд. Ў офарандаи њама вуњуш аст ва њатто Шеру паланг ўро дўст медоранд. 
Чун аз пеши оташ гузаштанд, Даршиника саљда карда ниёиши кўтоње хонд, чун аз назди оби љўй гузаштанд, ба об саљда кард, чун ба назди дарахти бузурге расиданд, ниёиш карда  онро бўсид.
—Њар сангу дарахти ин љо эзадест,—шарњ дод ў ва ба њикояташ афзуд: Дини ќадимаи Њинд аз парастиши арвоњи зиёде иборат буд, ки дар сурати сангњо, њайвонот, дарахтњо, чўбњо, ситорагон ва ѓайра зоњир мешуданд. Морњои афъї љанбаи худої пайдо карда буданд. Баъдтар худоњои дараи ведої—осмон, замин, оташ, нур, об ба вуљуд омаданд. Шањри куњан он ќадар обод буд, ки ба њар њавлї оби рўд меомад ва пасобањо аз љўйборњои махсус љорї буданд. Вале сарватмандони нав барои боз њам зеботар кардани њавлии худ хонањои пешинаро чаппа карда, кохњо сохтанд, вале сохтори обтаъминкуниро вайрон карданд, барои даромади бештар нархи кўзањои сафолиро баланд карданд. Чун харидорон зиёд шудан гирифтанд, гилро бо хоки сиёњ омехтанд ва нимхом аз танўр гирифта ба савдо заданд. Даромадашон, ки як бар панљоњ, як бар сад афзуд, худрову худоро фаромўш карданд. Онњоро дида, косибону кишоварзон њам нисбат ба обу хок беэътиної карданд, бетартибона хоначањои нав сохтан гирифтанд.  Оќибат сохтори обтаъминкунї вайрон шуд, савдо таназзул ёфт. Њунари косибон, ки бо талаби бозор теъдодро зиёд карда, аз пайи даромади муфт афтоданд, таназзул ёфта, сафолњо хираву бенур шуданд, таъсири љодувонаашонро гум карданд ва дигар ба савдо нарафтанд.
Об кам шуд, њаво намерасад, даромад косту њарисї афзуд. Ќањри худоњо омад ва онњо подафраи вазнине ёфтаанд мардумони Мохенљодаро: Заминљунбии шадиде ба амал омада маљрои рўди Синд дигар шуд ва об ба рўи шањр фаро омад, чанд бор пеши обро бастанд, вале об бандњоро канда боз ба шањр њуљум намуд, обхезии шадид бисёр касонро нобуд кард. Асосан биноњои бузург хароб ва сарватмандон нобуд шуданд. Сипас об тамоман аз шањр дур шуд. Ба љои об ќумзори биёбони Раљапута ба шањр њуљум карда бо рег онро пўшондан гирифт. Сарватмандон, ки хеле кам монда буданд, дигар ёрои мубориза бо офати табиатро надоштанд, бо зару зевари боќимонда шањрро тарк карданд, зеро ки дигар кору њаёт дар шањр маъние надошт.
Шањр холї шуд.
Шањр мурд.
Номи вай Хароба, ба шеваи  мардуми тањљої Хараппа шуд
Ва одамон бо тарсу њарос аз он фарсахњо гурехтанд.
—Ба ман њиндуњо гуфтанд, ки бисёр шањрњо дар натиљаи љангњо хароб гаштааст, чун бисёр дењоти мо дар Бохтар.
—Љангњо њам зиёд буданд: ќабилањои њиндї байни худ талош мекунанд, ќавмњои ориёї низ байни худ задухўрд мекунад. Сокинони мањаллї бо ориёни мењмон асосан барои макони худоњояшон муноќиша мекунанд. Вале мо кайњост, ки ба ифоќа омада, њамроњ зиндагї мекунем. Њоло шањрњои нави мо аз Хараппа, Мохенљодаро, Њастинапура камтар нест. Вале…
—Вале ба ин шањрњои ќадима намерасанд?
—Ин шањрњо бо кўмаки эзадон бино шудаанд. Бинобар ин файзу баракаташон бештар аст. Вале худоњо ќањр кардаанд ва он кўзањои љоду ва он њунари воло дигар нопайдо шуд.
Дар њазораи сеюми пеш аз милод дар дараи Синд тамаддуне ташаккул ёфт, ки то Балуљистону Сиистон давом меёфт. Онро ќабилањои мадитаронаї ба вуљуд оварданд.
Тамаддуни Хароба,  ё Хараппа дар соли 3300 пеш аз милод ба ављи олии худ расидааст. Ё ба сабаби иќлим, ё барњам хўрдани системаи обёрї-обхезї ва ѓайра, вай 18 аср пеш аз мелод завол ёфт. Мувофиќи ривоятњои ведої гўё аввал панљ ќабилаи ориёї ба Њинд омад. Ориёињо ба ташкили созмони табаќавии иљтимої шурўъ намуда, унсури маданияти ќадимаи Њиндро нигоњ доштанд. Махалли истиќрори ориёињоро Ориёварта меномиданд. Дар ин љо ќадимтарин мардуми Њинд- нагањаи морпараст мезист. Љомеа аз љангљўёну кишоварзон ва пешаварону коњинон иборат буд. Боќимондањои он имрўз њам дар кўњистон рўзгори содда доранд.Дар њамин давра ќабилањои дравидизабон дар аксари марказ, шимолу ѓарб маскун буданд. Ќабилањои тибетию бирмагї ва мунда дар шимолу шарќ иќомат доштанд.
Дравидињо мардуми сиёњпўсту бинипањн буданд, бо забони дравидї њарф мезаданд. Онњо фарњанги волое доштанд, њаёти осоишта боиси рушди он гардид. Рисолањои нуљум аз ќабили Арйабањата пайдо шуд, ададњои касрї ва ашъорї ба воситаи ориёбхата ва барахмагупта шинохта шуда, ба ѓарб интишор ёфт. Њиндуњо аз он ифтихор мекунанд, ки бисёр аломатњои риёзї, аз он љумла, «сифр»- раќами О низ ихтирои онњост.
Даршиника чизњои зиёди дигареро њикоят кард.
Омадани ориёињо дурудароз давом кард, љангњои мањаллї низ сурат мегирифтанд. Њиндуориёињо байни худ њам талошу низоъ доштанд. Њангоми њаракат орёињо љангалњои анбўњро месўзонданд, ки барои зиндагї мувофиќ кунанд. Кори мушкиле буд. Дар як ривоят дар бораи Худои оташ Агни њикоят мешавад, ки заминњои байни рўдњои Сарвати ва Саданираро месўзонад ва њокиме бо номи Видегха—Мадњава оташи наљотбахш дар даст ба шарќ њаракат мекард. Ба онњо муяссар шуд, ки аз шарќтари рўди Саданира низ ба худ замин ****д.  Ноњияи Видењваро марзи иќомати ќавмњои ориёї номидан мумкин аст.
Дар њамин љо «Ригведа» падид омад.
«Ригведа»—асари ќадимтарини динии њиндуорёињо асрњои Х1-Х то милод ба вуљуд омадааст. Чун њоло аз таълимоти Зардушт бехабар буданд, онњо девонро парастиш мекарданд ва асурањоро дев мепиндоштанд.
Аввал шоњ набуд, њама одамон баробар буданд ва меъёри ахлоќиро риоя мекарданд. Сипас бисёрињо барои ќонеъ кардани нафс ба дилхушињои зиёд дода шуда, тартибро вайрон карданд, зўрдастон ба тангдастон фишор оварданд. Худои бузург Брањма њукумати шоњ ва илми љазодињиро ба вуљуд овард.
Мувофиќи ривояти дигар њоким—раљаро худи одамон интихоб карданд, барои ин дар љамъомади калон сабња ва саммитњо интихоб мегузарониданд. Сипас наќши сабња кам шуда, њукми шоњ зиёдтар мешавад, маќомоти њукуматї ба вуљуд меояд, андоз љамъ карда мешавад.
«Бали», ки пеш тўњфа ба пешвои ќабила ё худо буд, ба андози ќатъии маљбурї табдил ёфт, ки тавассути амалдорон супорида мешуд. 
Раља-суя интихоби шоњ аст, ба шахсияти шоњи интихобшуда сифатњои ба худо наздик мансуб мегардид.
Пурохита—коњин маќоми бештар пайдо мекунад. Вай дар кулли масъалањо ба шоњ маслињатњо медод, инчунин ситорашиноси шоњ буд.
Оњиста-оњиста шоњї меросї шуда, аз падар ба писар мегузарад.
Дар Њинд каста-табаќањо –брањманњо, кшатрияњо, вайшияњо, шудрањо ба вуљуд омаданд.  Љатињо љамоањои мањдуди њиндї буданд.
Дар байни ќавмњои ведої ќабилаи пуру маќоми хоса дошт. Дигар ќабилањо—чеди, гандхара, киката—номи ќадимаи ќавми магадња—њиндуњои баъдина буданд.
Њарчи буду набуд, љангњои беохир байни ќабилањои гуногуни мањаллї давом дошт. Омадани ќавмњои ориёї то андозае ба љангњои мањаллї хотима бахшид. Аз он, ки њама ба худ омада муттањид шуда, ќуввањои худро зидди як мављи ориёї равона карданд, ё дар иттифоќ бо онњо амал карданд, маълумоти даќиќе нест. Вале њаминаш муайан шудааст, ки њама ќабилањои њинду бо ориёињо пайвастанд ва ононро чандон бегона њисоб накарданд. Табиати аслан ороми њинду, умумияти кешњо ва наздик будани табиати худоњо ин пайвастшавиро осон мекарданд. Њароина, пас аз чанде дар њудуди бузурги Њинди бостон се давлати на чандон хурде ба вуљуд омад: иттињоди Кошала, Каши, Видења дар марказ; дар љануби Бињор Магадња, дар ѓарб Аванти.  Дар Ведоњои бостонї њам дар бораи се таќсим шудани Њинд сухан меравад. Мувофиќи он Ориёварта (Арйаварта) ва Мадхйадеша мулкњои мобайнї дар марказ ва Дакшинапатња дар љануби кишвар мустаќилият ёфтанд. Ќавмњои пањнбинї торафт бештар ба љануб мерафтанд.

63. ИШЌИ ПАРЇ
 
Бо вуљуди аз дусад нафар зиёд шудани маъшуќањои дилљўяш шўри дили Бендва њељ паст намешуд. Мудом аз шўри дили оромнагаштаи худ —аз ишќи Чечаст осоиш мељуст. Њарки њар чиро аз тањти дил љўяд, албатта, ба он мерасад. Бендва низ ёфт он чиро, ки мехост.Чизи тамоман наве дарёфт. Шунид, ки дар шањри соњили рости рўди соњили Вахва Даитйа дар байни шоњроњи лољувард, дар Њалевард корвонсарое њаст, ки бо мусиќиву суруд ва амали  аљиби сањнавї ѓам аз дилњо зудуда кунанд. Дар он љо баробари овозхонњо ва ромишгарон гўяндагоне њастанд, ки ривоятњои љолибу дилошўбро ќисса кунанд ва њатто ќисме аз онро њунармандони зан ва мард дар амал нишон медињанд, яъне бўса мекунанд, механданд, мегирянд, кашокаш мекунанд. Чун мундариљаи баъзеи онро ќисса карданд, хунаш ба љўш омад ва азми дидани он кард.
Ва инак, шом дар майдончаи мобайнии корвонсарои Њалевард њунармандон мусиќиву суруд оѓоз намуданд. Ривояти мазњакавии пур аз чомаву чакомае пешкаши мењмонон шуд. Дар он асосан чањор нафар ширкат намуданд, Малик – шоњзодаи одамї, Мино – духтари шоњи парї, Малу – паридухтар, Ману – љавонмарди парї. Гурўњи дўшизагон ва љавонони нобурно парињо ва љинњоро ифода мекарданд. Дар гузариши байни сањнањо ровии хушадое сањнањои минбаъдаро бо тарона шарњ медод, ё табъи латифу њасрати яке аз ќањрамонро васф мекард.
Чунин гурўњњои њунарї аз ќадим дар пањнои Ориёно вуљуд доштанд. Онњо аз шањр ба шањру дењ ба дењ мегаштанд ва аз намоиши њунар ризќу рўзї меёфтанд. Он гурўњњо чандон сарватманд набуданд ва бо тамоми асбобу анљоми сањна дар як ароба љой мегирифтанд, ширинкорию сењргарї низ мекарданд ва намоишномањои мусиќавии пурсўзу гудозро намоиш медоданд. Дар назди дарбор низ гурўњњои њунарї буданд, таронасарої мекарданд, ва дар љашнњои динї сањнањои хосаи иборат аз мусиќиву гуфтор меоростанд. Чунин театрњои мусиќї—эпикї дар шохаи дигари ориёно—Њинди бостон низ амал мекард ва мухлисони зиёд дошт. Дертар, дар замони Њахоманишињо театрњои шоњї хеле бузург шуда, аз ѓалабаву корњои шоњон намоишномањо тањия мекарданд. Амфитеатрњо—намоишгоњњои болокушода аз њамин майдони мобайнии мењмонсаройњо бар омадааст, ки шомњои бењисоби тобистон Ориёнои камбориш пештар аз Юнон дар ќаламрави Эрони бостон арзи вуљуд карда буд. Гоњо ин даста рўи бомњои кушоди хонаводањои бузург низ њунарнамої мекарданд.
Бендва ба тамошои ана њамин гуна гурўњи њунарї омад. Ўро чун мењмони баобрў дар миёнаи мењмонсарой, дар наздикии сањна љой доданд, барояш шарбату меваю шароб оварданд.

Намоишнома, ки «Ишќи парї» ном дошт, бо нолаи марди ошиќе оѓоз гардид.
 Сањна биёбони нопайдоканорро ифода кард, ки як гўшаи он кўњистон буду дар байн чашмаи обе.  Малики гирёну парешон нола оѓоз кард.
—Эй Мењри зўрбозу,  њама халќро ба маќсуд расон, шояд ки дар он миён яке ман бошам! Як бори дигар љамоли он паридухтарро ба ман нишон дињї, дигар ормоне надорам!   
  Бошад ба ёди лаъли ту ушшоќ дар наво,
  Парварда найшакар ба умеди шакар наво.
  Дил пора-пора гаштаву љон дар фиѓон њанўз,
  Парголањо зи дида барояд ба њар наво…
 Дар хаёли Малик Мино-парї пайдо шуда раќсид. Малик сўяш њаракат кард, вале баробари ба вай наздик шудан парї ѓайб зад.
Малу-парї аз гўшае баромад, ин њолати Маликро тамошо кард ва ба худ гуфт:
—Дар муњаббат устувор аст. Ин љавон маро ба маќсад расонад.
Нолаи Малик баландтар шуд:
       —То чанд дар дилам зи ѓамат нола сар кунам?
          То кай кашам ба ёди ќадат аз љигар наво?
          Дар кўњу дашт нола кунам, манъи ман масоз,
          Маљнун кунад њамеша ба њар дашту дар наво…
Малу аз болои пироњани њарири париёнааш љомаи муќаррарии мардумї партофт, назди Малик омад ва гуфт:
—Дуруд, эй марди нек. Ба чї нишастаї ва нола мекунї?
Малик ўро марди рањгузар гумон карда гуфт:
—Эњ, ошно, напурс. Дарди сангин дорам: писари шоњ њастам, аз њама молу маноли дунё серам. Ќариб як моњ шуд, ки дар ин дашту кўњистон овораам. Ба шикор омада будам. Аз пешам оњуи зебое баромад, ки дар дасту пояш дастпонањои тиллої дошт, дар гарданаш њам зару зевар, ба сад ранг наќќошињо дар пўсташ кашида буданд. Ба тарафаш асп тозондам, расонида натавонистам. Хостам ба тир занам, як муаллаќ заду ба духтари зебое мубаддал шуд. Ба сад љон ошиќаш  шудам, пеши пояш афтодам, аммо вай нопадид шуд: ё дар об рафт, ё ба њаво. Аз он соат дар интизориаш ин љо нишаста нола мекунам. Чанд бор хешон ба суроѓам омаданд, вале худро пинњон кардам. Як бор љамоли он духтарро бубинам, дигар дар ин олам армоне надорам.
    — Эњ, љавони хуб, бидон, ки он оњу—духтар аз хайли париён будааст. Фикри вайро аз сар дур бикун, ки хаёли мањол аст. Умрат барбод мешавад.
—Дар ишќи он парї сўхтан бароям саодати абадї бошад!
   —Боз чанд муддат ин љо хорї мекашї? Ба хонаи падарат бирав, бењтарин духтарони одамиро бароят арўс кунад.
   —Бале, падари ман имкон дорад, ки зеботарин хубрўёни оламро бароям дастрас гардонад, вале ман ѓайри он парї дигар касеро намехоњам. Мемирам, вале аз ишќи парї  барнамегардам!
   —Офарин бар ту, ки ошиќи асил будаї. Мехоњї он париро бинї?
   —Орзуи дили ман њамин аст!
   —Пас, худро ба ин чашмаи об парто. Ин роњи мулки париён аст!
  —Ташаккур, эй марди нек! Аз худо некї бинї.
   —Далер бош ва устувор ист, ба маќсад албатта мерасї! 
   —Ё раб, њама халќро ба маќсад бирасон, шояд ки дар он миён яке ман бошам!
 Малик худро ба чашма партофт.
   Малу ба худ гуфт:
—Бад кардам, ки одамиро ба мулки париён роњ нишон додам. Аммо донам, ки танњо ба ин васила тавонам ба Мануи дўстдоштаи худам соњиб шавам!
Ў низ љомаро бадар карда, дар чашма ѓайб зад.

Мусиќии дигар баланд шуд ва духтари шоњи парї Мино дар ињотаи паридухтарон омад. Минои ошиќ бо сўзу алам тарона хонд:
    Биё, ки маљлиси хубони бовафо ин љост,
    Суруду мутриби риндони хушнаво инљост.
    Касе, ки дар талаби дўст дар ба дар бошад,
    Хабар кунед, рафиќон, ки муддао инљост.
Малуи хушдил омада таъзим кард:
  —Офарин, малика.
  —Ин тарона аз одамї ба ман мерос мондааст. Бо њамин худро тасалло медињам, лекин њамин тарона оташ ба љисму љонам мезанад. Дил мехоњад, ки тарки мулук кунаму ба суроѓи он одамї равам, аммо илоље надорам.
—Шод бош, эй Мино! Њољатбарори ту манам. Ман ба одамї роњи хайли париёнро нишон додам. Ў њоло меояд!
—Ту чї амале кардї?! Ин мумкин нест! Оќибаташ номаълум аст!
—Он одамї вафодор будааст, як моњ шуд, ки аз сари он чашма дур нарафтааст, аз ў ѓайри муњаббат зараре нарасад.
—Ту ќонуни мулкро шикастї! Њама пешгузаштагони мо мулоќотро бо одамї манъ кардаанд! Ман ќонунро аввал шикастам, ки худро ба ў нишон додам. Ту дафъаи дигар ќонунро шикастї, ки роњро нишон додї! Ин оќибати хуб надорад! Ўро баргардон!
   —Аз барои ту кардам, эй Мино! Дилам  ба њоли ту бисўхт, дигар тобу тоќати нолањои ошиќонаи  туро надорам! Охир ту ба ў дил додаї?!..
   —Чунин аст, вале сабру тањаммул чораи ягона аст. Ўро ба замин баргардон.
Малу худро бегуноњ ва ѓамхории малика Мино вонамуд карда, айёрона гуфт:   
—Хуб, малика. Як сабаби ба мардумизода роњ нишон додани ман он аст, ки бори дигар ту он одамиро бубиниву бо чашми хирад бањо дињї, дар ин як моњ ў хаставу бемору њаќир шудааст, шояд, ки дилат аз вай хунук шаваду дигар нолаву фиѓон бас кунї. Ба як гўшаи чашмат бубин, ки дилат хунук шавад.
   —Хуб. Куљост одамї?
   —Инак, меояд.
 Малики њайрону сарсон меояд.
  — О-оњ! Чї њолате ба ман рўй дод?
—Худоё…
Малика мутаваљљењ ба одамизода шуд, аммо паридухтар Малу иштињои ўро бештар карданї шуд ва  беѓамона одамиро бо љуссаи худ паноњ карда гуфт:
  —Дидї? Дилат хунук шуд? Акнун бероња карда, ўро бармегардонам.
   —Њоло ист. Як бораки дигар бинам.
  — Эњња, ту аллакай ду бори дигар ќонуни париёнро шикастї. Акнун ўро барам, ки ба мулки мо зараре нарасонад…
    —Эй љафокор! Ин чї коре буд, ки дар њаќќи ман раво дидї?! Чаро ба шароби ман зањри њалоњил рехтї?! Чаро рўзи равшани маро ба шаби тор  мубаддал кардї?!
—Ба ту њељ бадие накардаам, духтари амак! Бадие, ки кардам, бо дасти худ мехоњам аз байн барам. Ба он тараф бирав, одамї.
 —Биист! Дигар тобу тоќатам намонд! Ё маро бикуш, ё одамиро аз ин мулк берун бибар!
—Худоё, рост мегўї?! Куљои ин љавони њаќир ба ту писанд аст?!
—Хомўш шав! Дар њаќќи вай бадгўї макун, ки љон аз танат људо кунам! Мардумизодаро ба сўйи мо бархон. О-о-оњ!
— Ба чашм. Эй одамизода, ин љо биё, ки «зулфи каљу чашми сурмасо ин љост».
Малик Миноро дида ба чашмонаш бовар накард:
—Худоё, ман хобам ё бедор?! Оњ, духтари шоњи парї!?  О-о-оњ!!!
Бењуш шуд. Мино сари ўро рўи зону гирифта гулоб пошид.
—Боз гулоб биёр, ки ба њушаш орам.
—Ба чашм. Вале ту духтари шоњи парї њастї, фаромўш накун.
—Ин соат канизи ин одамї шудам.
 Малу гулоб дод ва одамиро масхара кард.
— Э, Маликшоњ, њушёр шав. Барои хоб кардан омадаї? Аммо ту, Мино-гул, малика буданатро фаромўш накун.
Малу аввал Миноро ба тахт менишинад. Сипас Маликро ба њуш меорад.
—Ман дар куљоям?
—Дар бари духтари шоњи париён – Мино-парї!
—О-о-оњ!
 Боз бењуш шуд. Боз чашм кушод. Малу шинос кард:.
—Инак, писари фарзонаи сарватмандтарин одами рўи замин – Маликшоњ.
—О-о-оњ…
Ин дафъа Мино бењуш шуд. Инро дида Малик низ бењуш шуд. Малу ба димоѓи њарду гулоб чаконда киноя зад:
—Уфф. Мо њам зањмати  ишќро кашидаем, вале на ба ин дараља. Маликону маликањо аќаллан тоби ишќро надоранд. Оќибати ин муњаббати нотакрор ба њарду чї хушбахтие орад!
Мино ба худ омада гуфт:
—Ман бояд сабру тањаммул кунам, ки кор аз даст меравад. Шикастани ќонун оќибати  хуб надорад.
Малик низ ба худ омад, вале мадњуштар гардида арз кард:
—Њазорон шукри парвардигор, ки маро ба ин рўзи муборак расонд. Чї некие аз ман расидааст, ки худованд ба ин давлати абадї лоиќ дидааст. О-оњ, парї!
— О-о-оњ! Фарзанди одамї! Ту ба чї кор омадаї?
— Ба дидори рўи мубораки ту, эй духтари шоњи парї.
—Хуб. Њоло ки дидї, бифармоям, ки ба мулки одамон бурда гузорандат, то хории фироќи њамдиёрон накашї.
—Эй дарёи дилбарию эй офтоби сипењри безаволї! Ин суханро дигар нагўй, ки бе ту дигар зиста наметавонам, чуноне, ки моњї бе об! Иљозат дењ, ки умре ѓуломи камтарини ту дар пањлўи ту бошам!
—Ин ба ќонуни мо рост наояд. Сари худро бигиру бирав, ки агар падарам бохабар шавад, туро гард-гард бикунад.
—Бигузор падарат маро гард-гард бикунад, вале дар њамин мулк пош дињад, то њар як гарди бадани ман таронаи муњаббати туро хонад ва њар зарраи бељони вуљуди ман аз тамошои љамоли ту умри абадї ёбад! Њоло фањмидам, ки шоњигарии абадї бе љамоли оламорои ту баробари гадоист! Њоло фањмидам, ки бе ту дигар лањзае нафас кашида наметавонам! Њоло фањмидам, ки мурод аз халќ кардани ман расидан ба ин даргоњ будааст.
—Чї эњсоси гуворое. Наход, ки одамї чунин дўст дошта тавонад?!
—Бовар бикун. Ишќу ошиќї њамин дараља мешавад.
—Хуб, чанд рўзе ба мо мењмон бишав. Эй амудухти зебоям Малу, асбоби айшро муњайё кунед.
—Ба чашм.
Малу рафт. Малик ва Мино дар танњої сўњбат карданд.
—Эй Малик, суханат хуш омад. Мехоњам, ки мењмондории сазовор бикунам. Чї хўрдан мехоњї?
— Эй духтари шоњи парї! Чизе биёр, ки дар  кишвархои мо набошад.!
—Чї бошад он?
—Бўсабирён…
—Париён  шўхиро намедонанд, њамеша љиддї њастанд!
Малу Мануро кашола карда меорад ва аз гўшае њардуро нишон медињад.
—Мебинї, малика Мино бо як одамизодаи њаќир муносибат мекунад! Дигар парвои туро надорад! Дил аз ў баркан ва ба њоли мани сўхтадил  рањме бикун!
   —Париён фармонбардори волидон њастанд.
—Ту хато мекунї! Мино аз дилу љон ошиќ аст! Мисли он ки ман ба ту!
—Маро аз корам намон. Ман Миноро дўст медорам, на туро.
Меравад. Малу озурдањолона ба Мино дар табаќи заррин шаробу кабоб меорад. Шароб мерезад. Худ ба худ њарф мезанад.
—Боке нест. Коре кунам, ки оќибат дили Ману ба ман гарм шаваду ишќи малика Миноро аз сар дур кунад!
Малик шароб нўшида, тарона мехонад.
Аљаб матбўю мавзунї, аљаб зебою раъної!
Аљаб шўхи дилоромї, аљаб моњи дилорої!
Ба ѓамза офати љонї, ба ќомат сарви бустонї!
Ба рух шамъи шабистонї, ба лаб лаъли шакархої!
 —О-оњ! Ягон парї баробари ин муњаббати ќавї надорад!
Аз чи бошад, парї бархост ва ба Малу фармон дод:
—Хотири мењмон аз њама чиз болост. Малу, ин марди ошиќро ту худ наѓз медонї. Ту ба ин хизмат расон.
—Ман?!—њайрон шуд Малу.
—Бале. Ин фармон аст! Эй одамї, имрўз ба хизмати ту зеботарин дўшизаи мулки мо Малу-париро мегузорам. Њама вазирзодањо дар орзўи ин хоњари хубрўи мананд, аммо ба ту мебахшам. Эй Малу, њарчи ин шањзода бифармояд, ба таќдим расон. Маро падарам ба назди худ мехонад. Ман пагоњ меоям.
Мино дар як они воњид ѓайб зад.
Малу пушаймон шуд:
—Худоё, наќши ман ѓалат омад. Хостам ин одамиро ба малика Мино таќдим карда, худ ба Мануи зебо соњиб шавам, акси кор шуд. Њоло аз њама бенасиб монам! Худоё, чї рўзи сахт аст… Ин одамиро дидан намехоњам, аммо малика Мино кори моро назора мекунад, агар беэътиної кунам, маќсади ман ошкор шавад, вале агар кор ранги дигар гирад, абадудањр аз Ману људо монам! Худоё, чї хатое кардам!
Малик дар лањзаи аввал шод шуд.
—Ин давлат аз иќболи кадом ахтаре ба ман ёр шуд? Вале ин љо ман аз барои духтари шоњи парї омадаам! Чаро хоњаракашро ба ман гузоштааст? Не, ба ман касе даркор нест!
Малу инро шунида,  ором шуд ва сохтакорона бошад њам ба њуљум гузвашт:
— Эй Маликшоњ, биё, ки хона аз аѓёр холист!
Малик дар андеша зад:
— Худоё! Ин њам зебост. Вале шояд барои санљиш гузоштаанд? Нашавад, ки ба ин сабаб аз висоли духтари шоњи парї бенасиб монам?
 —Чї андеша мекунї? Биё, ки даричаи субњ наздик аст.
—Ту чї мехоњї?
—Ман ба фармони туям, њарчи гўї, ќабул дорам.
—Не-е! Ман ба ту муњаббате надорам! Ман Миноро дўст медорам!
—Ќоидаи мо, париён, чунин аст. Малика Мино аз муњаббати зиёдаш маро бо ту танњо гузошта, мехоњад ба ту хизмат расонад.
—Бархез, дур бош, ки танњо орзуи малика Мино дар сари ман аст!
—Бигўй, агар ман туро писанд нестам, паризоди дигарро ба хизмат оварам. Вале маранљон маро, ки малика биранљад!
—Дур шав аз назарам! Ягон паризоди дигар ба ман лозим нест! Танњо Малика Миноям орзуст! Мефањмї ё не!? Дур шав, ки бо ханљар кори ту тамом бикунам!
—Малика Мино!
Мино меояд.
—Чї мољарост?! Нагуфтам, ки бо мењмон мењрубон бош?!
—Њарчанд кўшидам, ба љое нарасидам, зеро ки ин девона туро хоњад.
—Ин рост мегўяд?
—Бале. Ин гуноње надорад.
—Ба хизматат зеботарин париро гузоштам…
—Эй маликаи хубон, эй духтари шоњи парї, њељ кас љои туро дар ин олам гирифта наметавонад! Ман барои ту ба дунё омадам! Ман барои ту ба ин мулк афтодам! Ман бо номи ту аз гетї меравам! Хаёли дигаре бар сари худ роњ надењ! Ишќи ман њамин аст! Ишќи ман чунин аст!
—Маро бубахш, ки туро санљидам. Аммо волидонамон гуфтаанд, ки одамиро вафо нест. Замоне одамону париён муносибат доштанд, вале аз бевафоии одамї байни париёну одамиён људої афтод ва роњ ба мулки мо баста шуд. Мехоњам ба муњаббати ту бовар кунам, аммо…
—Магар сабру тоќати якмоњаи ман дар сари чашма, пинњон шудан аз њама волидону хешовандон, даст кашидан аз њама молу маноли падар, даст кашидан аз зеботарин духтари одамї, нињоят, дурї љустан аз ин парї гувоњи муњаббат ва садоќати ман нест?
— Оњ, рост мегўї! Ман њам бовар мекунам ва дигар тоби људої надорам! Дилам моили ту шуд!
— Худоё, шукри бењад! Бифармой дар њамин ављи эњсос мубад ва шоњидон биёрем, то аќди никоњ бандем.
— Аќди никоњ чї лозим?
— То ки њамеша никоњ дар ёдат бошад ва хиёнате накунї ва шоњидон дар байни мардум шањодат дињанд, ки ту бо ман аќд дориву мабодо падарат ба каси дигаре дода натавонад. Бе никоњу бе шоњид кї исбот мекунад, ки ту аз они манї?
— Ин суханњои муњолро бигузор. Аќди мо савганди мост. Мо ба ќавли њамдигар бовар кунем. Маро касе аз ин савганд гардонда наметавонад. Вале агар ту хиёнате кунї, њамон замон њозир шуда пора-пораат мекунам!
— Нек бошад!
— Дар шоњидии Малу-парї ба ту дасти садоќат медињам!
Малу ба онњо шароб дода табрик намуд:
— Муборак бошад!
— Ќабул кардам.
Мебўсад дасти париро ва њарду бењуш шуда меафтанд.
Малу шамъњоро хомўш мекунад ва зуд рафта Мануро кашола меорад.
— Ана, бо чашми худ бубину бовар бикун.
— Худоё… Мебўсад…
Дар тахт Малик ва Мино. Аз бари рўи Мино мебўсад, вале ором аст.
—Чї хушбахтї! Сабоњро дар оѓўши ту истиќбол мекунам!
—Бале, толеъ мададгор шуда, бахти хуфта бедор шуда.
—Дигар аз бўсаи лабњои асалинат бењуш неву њушёртар мешавам.
—Вале бо њар бўсаи ноб дили ман ба ин олам гармтар мешавад!
Дар гўшаи дигар Малу ва Ману.
—Мебинї? Ба ту малика дил надорад! Ба одамї дил бастааст! Ту њам аз вай даст бишўй!
—Афсўс. Вале ман аз ин осуда нашавам. Айби Миност, ки бењад зебост.
— Бирав, ба рўяш бигўй, ки дигар талабгораш нестї! Аз ў безорї!
—Њаргиз! Дар ёд дор, ки ту њаргиз љои маликаро гирифта натавонї!
— Ман аз барои ту месўзам, Мануи соддадил. Мехоњї, дуд аз димоѓи ин одамї барорам, то ба муњаббати ман бовар бикунї?
—Ин одамї чї гуноњ дорад? Айбаш њамин, ки ба дилдодаи ман дил бастааст?! Ин бузургии ўст. Пас, Малика сазовори муњаббат аст! Ва ту низ мувофиќи ќонуни париён ба одамї зарар расонида наметавонї!
— Охир мањбубаи туро аз ту људо мекунад!
— Сарони ќавм ва падари Мино – шоњи одил ба ин роњ надињанд.
— Куљо равонаї?
— Ба шоњи париён арз кунам, ки љилави малика Миноро кашад ва ба роњи дуруст њидоят намояд, тўйи моро оѓоз бикунад.
—Биист! Ин тўй боиси марги ман шавад!
—Маро бубахш, аммо чора надорам: дили ман ба малика Миност!
Меравад. Малу афтода зорї мекунад.
—Биист! Берањм! Бешафќат! Љафокор! Эњ фалаки берањм!
Дар байни сањна дар тахт Мино ба Малик шароб дод ва гуфт:
—Савганд бихўр, ки њаргиз тарки ёди ман намекунї.
—Ба љонам њазор ќасам! Чї љои сухан аст? Фаќат девона аз бари ту људо шуда метавонад. Ёди ту абадї бо ман аст. Агар хок шавам, устухонњои ман якзайл фарёд мекунанд: Мино! Мино! Мино!
Нишони бузурге дар сурати муљассамачаи хурди зебо дар гардан, дар байни пистонњои Мино овезон аст. Нохост Мино онро бо тарс ба даст гирифт ва  нороњат шуда аз љой бархест.
— Оњ, хабаре мерасад аз хонаи падарам… Худоё!  Падарам аз олам гузашт!
— О-о-оњ! Њамдардам бо ту, малика!
Малу меояд, чашмонаш ашкрез.
— Туро мебояд, ки ба мотамдории падар бишинї.
— Бале. Аз ту илтиљо дорам, ки мењмони азизи моро нигоњубин бикун, аз обу таомаш бохабар бош.
Малик арз намуд:
— Маро мебояд, ки њамроњи ту бошам!
— На, њоло имкон надорад. Ман бояд ба ќавм бо мулоимат бифањмонам, то кори мо осон шавад. Алъон бо ман омадани ту хавф дорад. Як ќисми ќавм дар орзуи тахти падари ман њастанд. Њаллу фасли ин њама љанљол ваќт металабад.
— Чї мусибате!. Ин дардномаи маро бо худ бибар ба ёди ман:
Марав аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам!
Марав аз ман, ки бо ту меравад ишќи нахустинам!…
Њарду нола карданд, вале маълум нест, ки барои сўгвории падари Мино, ё аз дарди дили худ.
  —О-о-оњ… Маликшоњ!
—А-ааањ! Малика Мино-о-о-о!
Бо бўса видоъ карданд.  Малу ашк рехт. Њозирин гумон мекунанд, ки ин аз сўгворї бар падари шањиди Миност, вале ў њам дарди худро дорад.
— Э-эээњ, дунёи буќаламун!—гирист ў.— О-оооњ, Ману-у-у-у!
Малик аз алам худро ба хок афканд, Мино бо гардани каљ рафт.
Малу ўро гусел кард.
Дар ин бахши намоишнома фосилае шуд ва ба тамошогарон шаробу ѓизо оварданд. Аммо аз гулўи Бендва чизе намегузашт. Фаќат шаробро даркашид ва боз як ман шароби ноб фармуд. Ба назараш чунин намуд, ки ин намоишнома ќиссаи ишќи худи ўст, њатто даргузашти падари Мино барояш ишорае буд аз рењлати Зарасп—падари Чечаст. Дигар хаёлаш рафт ба дидорбинињои Чечаст, ки аз дур медиду аз дур месўхт.

Давоми намоиш ўро бештар ба ѓам овард. Дар симои Ману ў заргарбачаи ошиќи Чечастро дид.

…Мино ва париписар, пури амуяш Ману дар гўшаи мулки париён бо њам сўњбат карданд. Мино дар тан либоси  сўгворї дорад.
Ману бо илтиљо бар ў гуфт:
— Бояд чињил рўз ба расми мотамдории падар инљо бишинем. Ва пас бояд васияти падарон иљро кунем: дили падарони мо мехост, ки мо бо њам издивољ кунем. Дили ту чї мегўяд?
— Шитоб накун! Њоло дили ман хилофи ин ањд аст!
—Ту хилофи иродаи падарон мебарої?
—Ин танњо хоњиши онњо буд, на амру фармон!
—Агар андешаи ту аз он одамизодаи хокист, бидон, ки оќибати хубе надорад. Ту аллакай ќонуни ќавмро шикастї, ўро ба хайли мо, париён роњ нишон додї! Ўро пинњонї дар мулки ќавм нигоњ медорї, андешањои нохуб дорї. Ин њама хатост, малика! Ман њам ошиќам, ќадри ишќу зањри ишќ медонам, аммо ба ќавли одамї вафо нест…
—Кофист! Њоло мавриди сўзу гудози мотами падар аст. Хомўш бош ва аз пайи кори ман нагард.
—Агар ба гапам бовар надорї, ба оина нигар: киро мебинї?—Малик-шоњ аст.
—Малик-шоњ!? Оњ…

Намоиш андар намоиш меравад: дар байн Малик ва Малуи хастањол. Малу ба ў шароб мерезад. Малик низ каме парешон аст.Пурсид:
—Чанд рўз шуд, ки аз малика Мино хабаре нест. О-о-оњ…
—Оњ, аз дидори Мануи соњибљамол тамоман бенасиб мондаам. Дигар  маро тамоман дидан намехоњад! О-о-оооњ!
—Чаро толеъ ба ман мадад намекунад?
—Чаро ин ќадар бетолеъам? Зањмати зиёде кашида, одамиро овардам, вале малика Мино ба ком расиду мани шўрбахт боз њам шўридадилу ду даст дар бинї мондам, ки мондам! Э вой-е! Худоё, ду чашми Мануи сарсахтро кўр бикун, ки ѓайри ман дигар ягон париро набинад!
— Малу, туро чї дард расида, ки њамеша хаставу ранљур мебинам?
— А-а? Ња, аз нобарории муњаббат… муњаббати нобарори шумо.
— О-о-оњ! Ташаккур!
Малу ба як тараф нигариста ба худ гуфт:
—Модоме ки ман хушком наям, чаро дигарон комрон бошанд? Малика метавонист ба њаќќи некии ман Мануро ба ман бубахшад, аммо ба худ раво надид. Пас, ман њам метавонам ба решаи дарахти айши вай оташ занам!
Мино аз суханњои Малу дар ташвиш афтода пурсид:
— Чї хел муњаббати нобарор? Нафањмидам, Малу…
— Эњ, чї гўям, ки ногуфтанам бењтар аст. Мавриди интиќом расид!
— Бигўй њарчи медонї. Аз надонистан донистан бењтар аст, њарчанд ки талх бошад! Бигўй!
—Пас бо сабру тоќат гўш бикун: Малика Мино батамом мафтуни тахт шуда, баъд аз сари падар тољ бар сар нињода, туро батамом фаромўш кард!
— О-о-оњ!
— Балои азиме бо номи Ману-парї гирифтори муњаббати малика Мино шуда ва гањворабахши ўст. Шабу рўз дар сўњбати ўст!
— В-во-о-ооњ!!!
— Аз љилои тахту тољ, аз тўњфањои олии вазирону амирони њамсоя дунё дар назараш тира шуда, одамизодаеро бо номи Маликшоњ тамоман фаромўш кардааст!
— О-о-о-оњ! Париён магар вафо надоранд ба ањдашон?
— Мо вафо дорем, вале малика истисност. Шањону шањзодагон њамеша бо њилаву найранг њукми худро ќонунї мекунанд. Ба њар бевафоияшон ривояте дарёбанд.
— Париёни оддї вафодоранд?
—Бале. Ана ман: то њастаму њаст Мануро дўст дорам ва ба дигар кас майл накунам. Вале вай ба малика Мино дил бастааст… О-о-оњ…
— Кошки ба ту дил медодам… Э, њоло њам дер нашудааст.
Дар кунљи сањна Мино ва Ману. Мино тааљљуб карда ба Ману гуфт:
—Аз чизе ошуфта аст, овозашро дуруст нашунидам.
—Овозаш шунавост, фаќат дили ту ба  гўши ту бовар надорад. Соз бишнав.
Дар байн сўњбати Малик ва Малу ранги дигар гирифт:
—Медонї, Малу, љавоби хиёнат хиёнат аст! Дар байни одамон ин кори савоб њисоб мешавад. Биё, маликаро гўл мезанем.
—Чї хел?
— Аз байни париён ту аз њама зеботарї! Њатто аз Мино бартарї!
— Пас чаро Ману ба малика Мино дил додааст, на ба ман?
— Барои он ки аблањ аст, барои вай тољу тахти Мино даркор, ба ман худи вай. Вале њоло мебинам, ки ту аз вай њазор маротиба болотарї! Њоло фањмидам, ки аслан ба ту бояд ошиќ мешудаму ба хато аз пешам Минопарї баромадааст. Ана барои њамин мо бояд ќасос гирем!
Ба Малу њуљум мекунад. Малу эътироз мекунад.
— Не, не, не!
—Ќадри ишќро танњо одам медонад! Танњо  барои одамизода маликаву каниз ќадри баробар доранд! Ту бо њусну љамоли  оламороят бањои тамоми љањонї!
- Не, не…
- Биё, ки бо бўсаи ошиќона ба љонат љони тоза андозам!
—Не, не… Оњ…
Малу аз бўсаи ногањонии Малик бењуш мешавад.
 —Аљаб матбўю мавзунї, аљаб зебою раъної!
 Аљаб шўхи дилоромї, аљаб моњи дилорої!
 Ба ѓамза офати љонї, ба ќомат сарви бустонї!
 Ба рух шамъи шабистонї, ба лаб лаъли …
Раъду барќ шуда замину замон ба ларза меояд.
 Мино ва Ману њозир мешаванд. Ману шодон гуфт:
—Бовар кардї ба суханонам?
  Мино ќањру ѓазаби худро бар сари малик фурў рехт:
—Эй одамизодаи њаќир! Эй хокии бадгавњар! Эй бевафо! Эй пурљафо! Куљост он њама лофи вафо?! Куљо шуд њама оњу шевани муњаббат!? Ман пайи эъмори мулкаму пайваста зањри фироќ мехўрам, ту бошї натавонистї чанд рўзаке сабр кунї ва даст ба хиёнат задї?
—Малика, аввал пурсиш в-он гањ кушиш гуфтаанд дар одамї. Ин њилае буд барои дидани рўи ту.
—Чї њила?
— Ман роњи хайли париён надонам, ба наздат ќосиде фиристодан натавонам, лек андешидам, ки танњо бо хиёнати сохтае туро ба наздам њозир бикунам! Ва инак, њилаи ман кор доду туро дар назарам мебинам. Акнун, ки ба маќсадам расидам, метавонї маро гард-гард кунї!
— Ба ин чї гўї, Ману?
— Одамизода соњиби силоњи нерумандтарин—забон аст, ки њама асли ниятњои нопоки ўро бо сухан чун пардаи зебо пўшонад, бо сухан ширинро талх кунад, талхро ширин, бо сухан дўстро душман гардонад, душманро дўст. Ба забони одамї ва ба ќавли одамї фирефта нашав.
—Нияти туро њам фањмидам. Хомўш бош.
Ману хомўш монд. Ба љони Малик аз нав љони тоза даромад, ки булбулвор нолиш кард:
— Маликаи љони љањон, ман дигар бе ту як лањза зиндагї карда наметавонам! Агар маро боз танњо мондан хоњї, бењтар аст маро бикушї! Ё бо ман бимон, ё маро бо худ бибар! Вагарна худам кори худро бо ин корд тамом кунам!
Мино саросемавор акинакро аз дасти ў гирифт.
—Ист! Ба садоќати ту бовар кардам. Аммо туро сабру тамкин бояд. Дар сар андешаи тољи шоњии падар доштам, бо шоњи љинон низ њамеша дар набард будем. Барои дурустии суханам, инак, тољи шоњиро бар сари ту мегузорам! Ман аллакай бо њама сарони ќавм маслињат кардам.
—Ин мумкин нест, Малика!—фиѓон кард Ману.— Ба худ ой!
—То он, ки аз ту амали шарре барнахезад, то тањаффуси корам ба зиндони зеризаминї бирав!—амр кард Мино.
—Ба чашм. Агар одамї як моњ дар сари чашма ба хотири ишќи ту нола карда бошад, ман сад сол дар зиндони сангини зеризаминї саљда ба номи ту мекунам ва ин амр бароям шарафи абадї бошад!
    Ману бо пойи худ ба зиндон рафт.
—Ташаккур, малика, —гуфт малик.— Ту бо њиммати шоњонаат маро куштї!
—Номи ту дар набардњо ба ман ќувват мебахшид. Ин аз иќболи туст.
—Савганд бихўр, ки маро њаргиз танњо намемонї!
—Узре дорам: бояд љавоби малики љинњоро бидињам. Љанг бо ѓалабаи мо хотима ёфт ва ба шартњои сулњ њамчун вориси падар ман бояд имзо гузорам. Боз чанд рўзаке сабр мебояд кард.
—Боз људої? И-и-ї! Охир ман зиќ мешавам!
—Ту акнун шоњ њастї, њукм бирон. Ман љавоби малики љинон бидињам.
—О-о-о, фалаки зулмпарвар!
—О-о-оњ, чї илољ?
—О-о-оњ!
 Аз ту як соат људої хуш намеояд маро!
 Бо дигар кас ошної хуш намеояд маро!

Мино оњувоњкунон рафт. Малик оњувоњкунон ўро гусел кард.
Малу пайдо шуда ба худ гуфт:
—Худоё, дар дилам ноустуворие њис мекунам. Ин чї бошад? Ин одамї маро ба њолате овард, ки ба марг розї будам. Чї сирре дорад, ки мо париён аз он бехабарем… Не, не. Њоло ваќти он расидааст, ки аз вазъият истифода бурда, дили Мануи соњибљамолро комилан ба даст орам! Чораи дигар кунам! То Мануро ба аќди худ надарорам, номи ман Малу-парї набошад!
Малу рафт.
Малик андешамандона баргашт ва бар тахт нишаст. Ба худ ќавл дод:
—Дар мулки парї чунон боадолатона њукмронї кунам, ки гургу барра аз як чашма об хўраду дили њама халќ шод бошад! Дили худам њам, албатта, беозор бошад. Лекин аз он имтињони гуфтаи Мино гузашта метавониста бошам? Ягон њила кардан даркор. Маълум шуд, ки парињо он ќадар њилањои моро намедонистаанд. Зинда бод њила! Љони маро ана њамин њила мехарад!
Малу дар табаќи заррин шароб овард.
— Бинўш, эй шоњи бањру бар!
— Эй ороми љон, аз ту некињо бисёр дидаам. Њоло, ки ќариб ба маќсад расидаам, бигўй бароят чї хизмате кунам?
—Ту шоњи љањонї. Метавонї бо як сухан маро хушбахт гардонї.
—Чї мехоњї?
—Мехоњам фармон дињї ва Мануро ба аќди ман дарорї.
—Ману?! Ин њамон аст, ки ошиќи малика Мино буд?
—Бале. Њоло дар зиндон аст. Як фармони ту кофист, ки ў ба ман расад…
—На! Мануро биёред!
Ману меояд.
—Чї мефармої?
—Аз њамин соат ишќи Миноро аз дилат дур бикун!
—Ин амри мањол аст. Худат медонї, ки ин илољ надорад.
—Ин фармони шоњ аст!
—Дил кай ба фармони шоњ бошад?
—Гарданкашї?! Ошўб!? Ба љазои олї мањкумат мекунам!
—Марг ба ман авлотар аст бе дидори малика Мино!
—Пас, амр мекунам, ки…
Малу хурсандона дасти шоњро бўсида гуфт:
—Амр кун, шоњам, ки шавњари ман шавад…
—Амр мекунам, ки ба љазираи Равунаё бираву гуму гумном шав!
—Ба чашм, –гуфт Ману итоаткорона.
Вале Малуи ноумедшуда эътироз кард:
—Ин фармон танњо ба душманони ќавм ва љинњо дода мешавад!
—Мон, дафъ шавад! Андак хотирам осуда шавад, хайрият ки ба ёдам овардї.
—Вале ороми дили маро нобуд кунї, ман чї гуна зиндагї бикунам?!
—Ороми дили ту ман мешавам!
—Чї хел?! Малика Мино чї мешавад?
—Хомўш. Парие, ки зид барояд, љазо мебинад.
—Ман худам меравам!—арз кард Ману.—Бигузор бо марги ман њам бошад, малика Мино фањмад, ки бо чї балое рўбарў шудааст.
Ў рафт ва Малу аз ќафояш давида гиря кард:
— Ист! Бечора, Ману!  Ман бе ту наметавонам!
Малик пеши ўро гирифт ва озод бардошт ва болои тахт партофта гуфт:
—Ором шав. Вай сазовори ту нест. Хоњиши туро ман иљро мекунам.
—Эй Мануи берањм, маро танњо гузошта рафтї?! Бе ту ин љону љањонро чї кунам? Ќасди ту аз ин мардумизодаи бешафќат ман ситонам!
—Гиря макун. Ман туро шод кунам.
—Намехоњам дигар зиндагї бикунам!
—Чашми ошиќро мебинам.
—Ту дилшиносї, маро фањмидї. Вале некињои маро фаромўш кардї? Рўзе, ки бадбахт будї, дасти туро гирифта ба ин бињишт овардам. Вале њоло ман дигар ба њељ кас даркор нестам.
Малу акинакро ба сари дили худ рост кард.  Малик кордро аз дасти ў гирифт.
—Биист! Ту аслан чї мехоњї?
Малу бо чакома дарди дили худро кушод:
—Нигоњ кун, ки ѓам даруни синаам
  Чи гуна ќатра-ќатра об мешавад!
  Чї гуна сояи сиёњи саркашам
  Асири дасти офтоб мешавад!
   Нигоњ кун, тамоми њастиям хароб мешавад!
   Шарорае маро ба об мекашад!
— О-о-оњ, ин шарора манам?—шод шуд малик.
— Кунун, ки омадем то ба ављњо,
Маро бишўй бо шароби мављњо!
Маро бипеч дар њарири бўсаат!
Маро бихоњ дар шабони дерпой!
—О-о-оњ, наход  ки…
— Маро бипеч дар њарири бўсаат,
Маро бихоњ дар шабони дерпо!
Маро дигар рањо накун!
Маро аз ин ситорањо људо макун!
 — О-о-о-оњ! Њарду олам ба фармони ман аст! Чаро ба як сухан, ба як ваъда њам худро аз неъмати олам мањрум кунам ва њам ин бечораро, ки дўсти ягонаи ман дар ин мулки  ѓариб аст, ноумед кунам? Дигар ѓам нахўр! Ман туро хушбахти дунё мекунам.
—Аз малика андеша мекунї?
—Мино њоло як канизи ман аст! Ман туро мехоњам!
— О-о-оњ, аз суханат садоќат эњсос мекунам. Ту маро дўст медорї?
— О-о-оњ!
Аљаб матбўю мавзунї, аљаб зебою раъної!
Аљаб шўхи дилоромї, аљаб моњи дилорої!
Ба ѓамза офати љонї, ба ќомат сарви бустонї!
Ба рух шамъи шабистонї, ба лаб лаъли шакархої!
Малик париро оѓўш  карда бўсид.
Замину замон ларзида малика Мино омад. Бо ќањр гуфт:
—Боз хиёнат? Боз зино?! Эй Малик, ин чї њолатест, ки  пас аз ваъдаву савганд ба худ раво мебинї? Эй бевафо! Ту савганд хўрдаї, савганди садоќат…
—Ман шоњам, њарчи мехоњам, равост. Дигар ин, ки хостам туро бинам. Ва ин ягона воситаест, ки тавонам туро њозир кунам. Бирав, канизак.
Малу рафт. Мино сир бой надода гуфт:
—Фањмидам. Маро бубахш…
—Боз чї мехоњї?
—Мехоњам, ки баъди чанд муддати људої дар хизмати ту бошам.
—Ња, ана ин гапи дигар. Љонам ќурбонат. Биё-е…
—Аммо аввал дар ин гулоби мушкбўй ѓусл бикун.
 Малик назди толоб рафт.
—Ба чашм. Ин об ќуввати тоза медињад.
—Аввал ин байтро бихон, ки зўрманду тавоно шавї:
Як бор љамоли ёр дидан њавас аст,
Дар орзуи дубора бисёр кас аст!
  — Ќувват медињад?  Хуб шудааст.
Як бор љамоли ёр дидан њавас аст,
Дар орзуи дубора бисёр кас аст!
 
Малик худро ба толоб партофт.
 Садои раъду барќ. Аз оби толоб дуду оташ баланд шуд.
Мино савганд хўрд:
—Савганд ба яздони пок, ки дигар њаргиз гирди макони одамї нагардам, њељ гоњ муњаббати одамизод дар дилам љой надињам ва дигар њељ нагузорам, ки байни париву мардумї муносибате пайдо шавад! Ва ин роњи ягонаи мулки одамизодро абадї бубандам!
Мино њамаро зери дуду оташ гузошт ва худ нопадид шуд.
Ровї бо алам њикояташро давом дод:
—Дашти нопайдоканор. Њамон биёбону чашмаи нимахушке, ки дар оѓози намоиш буд, падидор гашт. Малики сўхтадилу сўхтаљома бо сару риши расида худро дубораву себора ба оби чашма мепартояд, аммо илоље нест. На парї пайдо мешавад, на манзиле.
Малик пайваста нола мекунад.
—Эй яздон! Ман боз ноумеду саргаштаю ноком мондаам! О-о-оњ! Нав маънии ин гуфта бароям аён шуд:   
Як бор љамоли ёр дидан њавас аст,
Дар орзуи дубора бисёр кас аст!
 Хок бар сарам! Тавба кардам, малика Мино. Дигар ба савгандам хиёнат намекунам! Маро бубахш, парї!
     Як бор љамоли ёр дидан њавас аст,
     Дар орзуи дубора бисёр кас аст…
    
Сањнаро дуду торикї  фаро гирифт ва њама дар зери дуд нопадид шуданд.
Тамошобинон кафкўбї карданд, чанде офарин хонданд, бар-хе бедардона хандиданд ва паризодагонро ба њамсўњбатї бар-хонданд. Дўшизагоне, ки дар наќши паридух-тарон мераќси-данд, њоло ба мухлисон шарбату шароб оварда њамроњи онњо мераќсиданд ва шодї мекарданд.  Вале Бендва гирист, аз таъ-сири шароб буд, ё аз он, ки дар сањна њоли дили худро аён дид, аз тањти дил гирист. Афсўс хўрд, ки паризоди худро пеш аз ваќт дилозурда кард ва аз даст дод. Бо њунармандон њамсўњбат шуд. Фањмид, ки онњо аз вилояти њамсоя, аз соњили дигари рў-ди Вахва Даития (Ому) омадаанд. Махсусан дўшизагоне, ки наќши духтари шоњи пари Мино ва паридухтар Малуро иљро мекарданд, басо зебо буданд. Онњо пас аз анљоми намоиш наз-ди тамошобинон наомаданд ва дар њамсўњбативу њамќадањии онон нанишастанд. Бендва бо рухса-ти солори њунармандон назди онњо рафт, арзи сипос намуд. Сипас пешнињод кард, ки ба дарбори шоњ њозир шаванд. Њунармандон пешнињодашро ќабул карданд ва рўзи дигар Бендва онњоро ба базми хосаи шоњ бурд.
—Чанд муддат аст, ки хидмате ба шоњ накардаам, —гуфт ў ба худ.—Агар ин дўшизањо писанди шоњ шаванд, худ як хидмати бузурге хоњад шуд.


64.  «КЕМНА МАЗДО». ХУДО БО МАН АСТ!

Борони сел меборид. Раъд меѓуррид, барќ лањзае гетиро мунаввар мекард ва боз љањон дар ќаъри торикї ѓарќ мегашт
Модари фарзандони Зардушт нолиш намекард. Хомўш буд. Дигар ба Момољавобаки  хомўш њам њасрат накард.  Нахост, ки тифлони то дер нахобидааш бедор ва аз њоли ў нороњат шаванд. Саропои ў њама нолаву оњ буд. Вале аз оњ њам дилаш монда буд. Охир, ба кї гўяд? Падару модар, хоњарону додарон дар љойи дур монда буданд. Ду духтари бузургаш Френи ва Трити ба њаёт баромадаанд, духтари хурдї Пуручиста рўзи дароз дар кори хона андармон шуда, њоло хаставу бемадор хобидааст, њоло кўчак аст ва дарди дили модарро намефањмад. Писарон дар шабњои боронї ва шамол дар берун мехобанд, то ки аз њоли чањорпоён бохабар бошанд. Шаби торику боронї шаби гургон ва дуздон аст. Бепарвої кунанд, аз луќмаи дањонашон људо мешаванд. Модар бемор буд, солњои зиёд бемор буд, вале аз ин бобат ба Зардушт сухане намегуфт. Гоње ки бахт насиб мекарду ду-се-рўза Зардушт ба аёдати аёлаш меомад, худ дарк мекард, ки бо зављааш чизе шудааст, гиёњдармонї мекард. Вале зан худро бардам вонамуд мекард, танњо пас аз рафтани Зардушт ихтиёр аз даст дода, боз ба ѓам мепечид. Ў ѓамбемор буд. Ва рўз то рўз ањволаш вазнин мешуд. Танњої мекашид. Аз хамир њайкалчаи кампираке сохта, ўро Момољавобаки хомўш номид, њасрати дилашро ба ў мегуфт.
Њамин шаби гузашта низ њама дарди дилашро ба Момољавобак гуфт:
—Њамеша дилпур будам, ки рўзи бењї наздик аст. Аммо имшаб ноумед шудам. Охир ќариб дувоздањ сол мешавад, ки шавњарам дар кўњу барзан, гање хушу зиёдтари замон бо табъи нохуш аз пайи љўстуљўи њаќ овора аст. Кош ўро њама мардумон бифањманд. Кош ўро шањон бифањманд. Кош њама умедворон ба домани маќсуд расанд ва дар он миён шавњарам ва ман њам бошем.
Аз беморї шикоят кард.
Аз нодорї шикоят кард.
Аз номуайянии бахти фарзандон шикоят кард.
Аз танњої шикоят кард.
Аз дурии хешон, аз парешонии авлод њасрат кард. Агар бародарону хоњарону хоњарзодагони зиндамонда дар он наздикї мебуданд, магар ўро танњо мегузоштанд?
Вале ин дафъа дилаш холї нашуд. Њавои боронї ва абрњои ѓафси осмон ба дилаш фишор оварданд. Нохост шамоли сахте вазиду Момољавобакро аз тоќ афтонд. Момољобак афтода пора-пора шуд. Дид, ки даруни њайкалча пур аз мањлули тарест. Њайрон шуд, ки чї бошад. Ба худ гуфт:
—Ин зањри дили ман аст, ки момољавобак ба худ гирифт.
Вале Момољавобак њам аз зањри дили зан кафид.
Ва дигар зањри дили ў дар њељ љой ѓунљида наметавонад. 
Дар њамин шаби тўлонии боронї Зардушт њамроњи Маидйумоњ расида омад.
Ў бо ёрии Йовишта тавонист, ки аз мањбас халос шавад, вале дигар дар ин мулк осуда гашта наметавонист. Барои маслињат ба хона омад, хост, ки аз ин сарзамин баромада раванд.
Барои фарзандон дидани сарзаминњои нав писанд афтод, аммо зављааш норозї шуд. Бори аввал ноумедона гуфт:
—Ман тамом шудаам, маро куљо мебарї?
—Тану љонат сињат аст, фаќат ѓамбеморї.—насињат кард Зардушт.—Љойи нав, њавои нав ба дилат кора мекунад ва шифо меёбї.
—Дер шуд… Кош маро бахт мебуд…
Зардушт дар кори худ њайрон монд: ў ба њар бемор метавонист дармоне ёбад, аммо дар назараш чунин намуд, ки њама илму дониши ў барои шифои зављааш кам аст. Аввал гумон кард, ки таб дорад, њама узвњои ўро ноаён санљид. Њамааш баљо буд. Фаќат дили ў суст шуда зери бори ѓам монда буд. Ва сабабгори дарди дилаш њамин сарсониву саргардонї, танњої, дурї аз хешон, парешонии авлод ва њасратњои беохир буд.
Вале зан дигар њарфе нагуфт. Дигар дарде њам эњсос намекард. Дила низ ором шуд. Њамон шаб бо дили пурармон љањонро тарк кард.
Аша Зардушт инро пешакї медонист, вале чун пизишк илоље надошт. Сарнавишт ва оќибати одамизода чунин аст. Бинобар ин, рўњро наљот бояд дод.
Мувофиќи таомули замон майитро ба хок супориданд.
Баъзе ќавмњо ва пайравони кеши муѓон љасади мурдагони худро ба дахма мебурданд, вале ин оин њоло пурра ба расмият надаромада буд. 
Рўзи дигар њаллу фасли масъалаи боз њам мураккабтаре пешорўйи онњо буд: фарзандон њайрон буданд, ки пешомади онњо бе модар чї мешавад. Вале Зардушт онњоро дилбардорї карда гуфт:
—Дар пешомади ногувор ё ногањонї њама кас ба Худо паноњ мебарад, вале чи басо касон, ки парешону њаросон шуда, худро мебозанд. Бинобар ин бигўед: «Кемна Маздо»— Худо бо ман аст!
—Бахт аз мо рўй тофтааст, —њасрат кард писари бузургаш Исадвастр.
—На, писарам. Бояд донист, ки пешравї ва пасмондагї дар зиндагї вобаста ба бахт нест ва метавон онро бо кору кўшиш дуруст кард. Зиндагї сарду гарм ва андўњу хушї дорад  вале набояд бо сахтињо сохт, ки ман «дар он зодаам». Њар кас метавонад зиндагии худро бењтару бартар созад.
—Вале чї тавр?—пурсид писари дуввум Арватаднар.
—Њангоме, ки дучори душворї шавем ва бадхоњи каљманиш дар пайи озору зиён биафтад, дар паноњ бурдан ба Худо инро бидонем, ки Худои бузург ду чизро барои чунин рўзгоре гузошта: оташи миної ва донишу хиради эзадї. Бо ин ду чашму чароѓ роњ равшану њамвор мегардад ва метавонем бе њељ асари саросемагї ва дастпочагї бо оромиву хунсардї ва бо боварии устувор, ки Худо бо мосту паноњи мост, ба чора бархезем ва аз озори душман рањої ****.
—Падар, мушкилоти ту њама аз љустуљўи Ањура Маздост. Чаро худо ин мушкилотро њаллу фасл намекунад?
—Њаллу фасли масъала наздик аст: ваќте фармонравоёни кишвар зиндагониро бар ман танг карданд, ба худо рўй овардам, ва гуфтам: «Кемна Маздо»! Ў бо банди Кемна Маздо маро роњ намуд, чунин далериву ёрї бахшид, ки ба љои он, ки бигрезам ва сари худро дар љое гумном пинњон кунам, ба бунгоњи фармонравоию пешвої байни мардум рўй кардам ва бо фарзонагї рў ба рў шудам. Кунун дар сартосари њафт кишвар пайравони дини маздаясно њастанд. Ва барои густариши ин кеши наљотдињанда моро мебояд, ки ба шањри Балх биравем. Мо мегўем: «Кемна Маздо!» Ва Маздо њар душворро осон мекунад..
Ва њама ин суханони пурњикмату нерубахшандаро такрор намуданд:
—Кемна Маздо!
Ва њама ба сўи Балх роњ пеш гирифтанд. Дар дили Аша Зардушт њама рўзњои неку бади оянда равшан аён шуд, вале ў шубњаву гумонњоро бартараф карда гуфт:
—Ањли он дарбор касеро ба њамтої ва њампоягии худ намепазиранд ва њељ омода нестанд, ки бегонаеро, зиёда аз он марде нодорро дар байни худ роњ бидињанд, вале ман мегўям: «Кемна Маздо!» ва пас аз чанде онон паёми поки Маздоро бипазиранд. Ва дарбориён дигаргун шаванд ва њама бо њам камар ба густаришши дину ободонии љањон банданду анљом дињанд ва аз он пас корро ба ояндагон биспаранд...
Дар ќаламрави бузурги Арљосп њазорон касон аз шарќ ба ѓарбу аз ѓарб ба шарќ ва аз шимол ба љанубу аз љануб ба шимол њаракат карда маъвои бахт мељустанд. Зав, пањлавони ба мо шинос њам љое љуст, ки…шикамсерї ѓизо хўрда тавонад. Зављаи дар назари худаш хеле доно Вайукерета фањмид, ки дар љануб, дар хати љўйњои Навток замини фаровони обї њаст.
Ба шавњараш гуфт:
—Зав, бо дасту бозуи ќавии ту замини зиёдеро кишт кардан мумкин аст; Замини зиёдро, ки кишт кардї, гандуму љаву лўбиё, меваю сабзавот зиёд мешавад; ин њама, ки зиёд шуд, њар рўз бароят як дег хўрок мепазам.
—Кошки. Аммо чунин замини фароху оби фаровон дар куљост?
—Дар назди марзи Бохтар, дар заминњои навток.
—Шунидаам.
—Пас, меравем!
—Ба чашм.
Дар назди зављаи на чандон бузургаш Зави хеле бузург чун кўдак дар назди модар буд ва ё ѓуломе назди малика љуз итоати ѓуломворона чорае надошт. Бинобар ин ду соли охир дар канори рўде замини калони њамворе баргузида, кишоварзї мекарданд. Соли аввал ќариб тамоми њосил бо бањонаи обпулї ва љўйсозї ба хазинаи вилоятдорон рафт. Соли дуюм аз боронгарии зиёд шуда, њама гандум ба алафзор мубаддал шуд.
Алаф њам чизи бад набуд: саршумори чорво зиёд мешавад, гову аспро бо ѓаллаву ашёи дигар иваз кардан мумкин мешавад.
Ва њангоми дарави алаф буду Зав бо дос азият мекашид. Мушкилтарин кори кишоварзї барои Зав њамин буд: хам шудан ба ин пањлавони кўњпайкари мо басо гарон меафтод.
Исадвастра, писари бузурги Зардушт Завро шинохта нидо кард:
—Аму, Зав-аму!
Шомро дар кулбаи Зав рўз карданд, аз Дарељйа ва мардуми он ёдовар шуданд. Ваќте аз корномаи Зави пањлавон ёд намуданд, об дар дидагонаш чарх зад, ба њаяљон омад ва гуфт:
—Ба ростї, аввал гумон кардам, ки онњо панљ-шаш нафаранд, аммо чун дидам, ки аз дусад кас зиёданд, зањракаф шудам ва љилави аспамро кашидам, аммо вай ба обхўраи назди маъбад одат карда будааст, ки ба фармонам гўш надод. Он гоњ дарахти сари роњро доштам, ки аспро ќарор дорам, аммо дарахти на чандон калони хушкшуда аз бехаш шикаста дар дастам дармонд, чун аз пеши хонаи сўхта мегузаштем, баргњои хушки он даргирифтанд. Ин њама чунон дар фосилаи танге ба амал омад, ки ба ягон чиз сарфањм нарафтам.
—Ин хости эзадон эзад буд ва ту он замон мардуми Дарељйаро наљот бахшидї.
Зав ягон ваќт ин ќадар шод нагашта буд. Пањлавон чун кўдакон ва шањон таърифро дўст медошт ва бори аввал бароњат хобид. Зав фарзанд надошт ва хонаи бароњате низ надошт, мувофиќи гуфтаи Вайукерета бахт аз ў дур буд, аммо худи Зав на парвои бахт дошт, на чизи дигар.

Субњи барваќт ќофилаи Зардушт ба роњ баромад.
Расиданд ба соњили рўди зебои Ому, ки он замон ба хотири эзади об Оахшо ном дошт. Зардушт бори дигар ба сарзамини пањнои Турон рў оварда хоки онро бўсид, шукр кард, сипас бархест ва бо ќадамњои ќатъї рўи амад баромад. Амад ба њаракат даромад. Барои Зардушт аз мулке ба мулки дигари Ориёї сафар карда назди њамнажодони њамзабони худ омадан мушкилие надошт. Фарќият танњо дар дини навин буд, мехост ба воситаи он одамонро панде дињад ва сирати ононро мувофиќи хирад дигаргуна созад.
—Кист он роде, ки нахустин бор маро биомўзад, ки чи гуна ту, сарвари поки ашавани кирдорњоро беш аз њама шоистаи ситоиш бишносем!  Кист дўсти ашавани ту? Ба ростї, ки чунин кас Кайвиштоспи далер аст. Ва ман ўро бо Маниши нек фаро мехонам…
Амад онњоро ба соњили дигар— ба сўи сарнавишти номаълум бурд.
ТЎРОН































































65.  ФОЛИ МУЃОН

Чанд муддат аст, ки ѓам аз дили шоњаншоњ Кайвиштосп дур намешавад. Пизишкон дар илољи он ољиз монданд. Њама тани ў аз дард орист, вале фурўѓе дар чашм ва завќе дар дил намонда, ба кори љањон бетаваљљўњ шуда буд. Чунон пиндоштанд, ки Аишма—деви Хашм бар ў чира шудааст.
Љомосп хиљил шуда пурсид:
—Дигар пизишке намонд, ки ба дарди шоњ даво ёбад?
—Ин кори девбандон ва сењргарон аст, —гуфт ноумедона сарпизишк. —Мебояд, ки барои рондани деви Хашм муѓони фолбинро бигўем.
—Шоњ бар муѓони маљусї бовар надорад.
—Вале аз оянда фол диданро њама касон дўст доранд.
Ва Љомосп ризоияти Кайвиштоспро гирифт.
Дар њуљраи хоса фаќат шоњ монду вазирон Фрашаоштра, Љомосп ва Рад.
Фолбин њам бо сењру чашмбандии аљиб ноаён даромада омад. Асли ў аз Лидия буд, вале худро бохтарии овора мегуфт, ки ин илмро аз устодони лидиягиаш омўхтааст. Одатан мувофиќи кеши диниаш худро муѓ меномид,  вале шуѓлашро ситорашинос, ё њандасадон мегуфт.
Фолбини муѓ чи хусусияте дошт, ки баробари дидани ў дар дили бинандагон як умеди ќавї бар ќуввањои осмонї пайдо мегашт. Ў љомањои серранг дошт, аслан бештар ба масхара- бозон мемонд, вале чашмонаш хеле љиддї ва пурасрор буданд. Нишоне дар сари синааш дар сурати свастикаи шикаста –чун ду кабўтари муаллаќ асрори ўро бештар мекард. Дар рафти фолбинї њар лањза, вобаста ба эњсоси  фолбинон ранги чашмонаш дигар мешуданд. Ин њама ба шоњ таъсири аљибе бахшид ва ба њар гуфтаи ў бо мароќи тамом гўш дод. Муѓбача медонист, ки назди шоњи ними љањон роњ ёфтааст. Бинобар ин тамоми илму сењру љодуи худро дањ баробар зиёдтар сарф мекард. Медонист, ки агар бар дили шоњ асаре кард, дар зиндагонї хушбахттарин кас хоњад шуд, вагарна, худи њамон рўз сар аз танаш људо кунанд. Гоње сари худро дар сари дор медиду гање дар байни зару зевар ѓўтавар.
Муѓи пир хонаро аз назар гузаронида фармуд:
—Равзанањоро пўшед.
Тирезањоро пўшиданд то даруни хона торик шавад.
Муњофизон ба шоњ наздиктар истода, ўро њалќавор печониданд.
Муѓ рўи фарш нишасту бо садои нозуки ѓайримуќаррарї, бо шеваи ноошно, ки кадом забон буданаш маълум набуд,  ниёише кард.
—Иита, њаита, паити, маити…
 Њамагон диданд, ки аз миљмар дуди ѓафс баромад. Сипас аз дуди сафед забонаи борики сурхи оташ пайдо шуда, хонаро андак равшан кард. 
Њама рўи муѓро бараъло диданд. Ситорашинос дасташро болои сар бардошта, ду бор кафашро кушода пўшид: найи дуќўша ба дасташ омад. Найро ба дањон бурда навохт. Оњанги њузнангези марсиямонанде баромад. Оташ гўё аз ин мусиќии таъзиќовар сарду зарду беављу хаставу мањзун шуд. Муѓ ба оташ як миќдор алафи хушк партофт. Бўи он њам њузнангез буд.
Навои най аз нав садо дод. Дар пеши муѓ ќуттие пайдо шуд ва аз он ќуттї як мори бадњайбати сиёњ сар бардошта баланд шудан гирифт.
Муѓ бо як забони нофањмо таронаи ѓамангези кашишдоре сароид. Аз ин чома дар дили бинандагон тарсу вањме падид омад. Зеро ба назар чунин мерасид, ки ин садову суруд аз ќаъри дужангња бармеояд. Фаќат як вожа ба њозирин шинос буд: Муѓ њар лањза дар сурудаш такрор кардан гирифт:
—Мора, мора, мора…
Муѓ гўиё мори хеле калони бадњайбатро идора мекард. Мор нохост, бо як њаракат љисми ўро печонд, сари худро ба гўши муѓ расонд, забони дарози дуќўшаи мор љунбида ба њам задан гирифт, гўё ба ў чизе гуфт. Дурудароз сухан гуфт.
Нињоят, Муѓ найро ба оташ партофт. Оташ хомўш шуда, ба дуди сафед мубаддал гашт. Торикии пурбим ба миён омад. Вале ваќте ки муѓ тирезањоро кушод, на аз ќуттї дараке буд, на аз оташ ва на аз мор.
Њама нафаси сабук кашиданд. Дар пешонии шоњ араќи сард пайдо шуд.
Муѓ бо эњсоси тамом гуфт:
—Анўша будї, рањонандаи бузург… Мартабаи тозае хоњї ёфт… Нуре падид ояд, ки туро шоистаи даврон кунад… Вале туро душманон зиёданд … Аз се дўсти худ андеша бикун.
—Наљоти шоњ дар чист?—пурсид Љомосп.
—Наљот аз он сўи рўд ояд. Вале дар чи шаклу дар чї намуд ояд, мор ба ман гуфта наметавонад: ё дар сурати Боди Бањор ояд, ё дар сурати марди хирад ояд, ё дар сурати дўшизаи сапед-рўйи њаётбахше ояд. Ба њар сурат, ба зудї меояд. Ва мор боз мегўяд, ки чун наљот њатман мерасад, дар ин дурўза олами ан-дўњ нашояд, ки дар њузну андўњ бошї. Ту магар чун мор дар хок лона дорї ва дур аз айши љањонї њастї, ва ё магар мисли ин муѓбача бечораву дарбадарї, ки натавонї савори аспе ба шикоргоњ равї ва аз тамошои бањри дамону шукуфањои бањо-рї, аз навои булбулону рухи дўшизагони бињиштї комёб гар-дї? Шоњи љањон будан эњдои эзадон аст. Ва шукри он бо чомаву чакома ва хиромидану божхонињо мебояд кард.
Виштосп дар дил худро мазаммат кард, ки аз як муѓи оддї панд мегирад.
Ин «панди неки» муѓи пир ишорае ба њаёти лоуболонаи шањону шањзодагон буд ва дар айни замон бо ин њила њаќќи дасти худ ва хидмати морро низ гуфт. Бинобар ин шоњ фармон дод:
—Ду аспи хуб, канизи зебо ва баробари ќадаш симу зар бидињед.
—Мењрубонии шумо зиёд аст…
Муѓ гапашро гум карда сар ба замин кўфта таъзим намуд.
Хуррамие дар дили шоњ рух дод ва амр кард:
—Ин шом базм ороед. Чї њангом аст?
—Љашни Обонмоњ биороем: гўштину шамшеру жўпинзанї њамаро ба љўш оварад.
—Нек бошад.
Аз ин ќарор њамагон шод шуданд. Зеро ки шоњ ду моњ инљониб фикри дўшизаи ногањон фавтидаашро аз дил берун карда наметавонист. Вале дарбориён чї гуноњ доранд, ки худро зинда дар гўр кунанд? Њангоме ки шоњ дар мотам аст, вазирон ва њама дарбориён наметавонанд дилхушї кунанд. Њол он, ки барои базм њар рўз бањонае ёфт мешуд.

66. ПОЙТАХТ

Дар пойтахти мулк пеш аз њама деворњои ѓафси муњофизатї Зардуштро ба њайрат овард. Бари он то чањор зону буда аз похса ё хишти хом бардошта буданд. Зардушт андешид,  ки сабаби бардоштани бораи мустањкам дар шањри пур аз сарбоз чист? Ва њангоме ки хонаи њокимро аз дур нишон доданд, гирди он даври сарбозон ва боз девори баланде дид. Сипас дарёфт, ки ин њама эњтиёт барои шањрдору њоким аст. Онњо аз ориёї њам дар њаросанд, аз тўронї њам, аз хешону пайвандон њам. Ва бо ин њама эњтиёткорї ба њокимон гоњо девори баланд њам кумак намекунад ва гоњо њазорон сипоњї низ ба имдодашон намерасанд.
Вале худи ў аз касе боке надошт, бепарво бо фарзандон ва амузодааш Маидйумоњ дар маркази Балх, дар як гўшаи корвонсарой љой гирифт.
Вале ин њам маълум буд, ки кеши ўро танњо шоњаншоњ њимоя карда метавонист. Аллакай се бор шуд, ки ба даргоњи Кайвиштосп рафт, аммо ноумед баргашт. Ба ў бовар накарданд. Ўро талбандае гумориданд.
Шоњ фармуд, ки њар чи бихоњад, бидињанду ба мулоиматї биронанд.
Вале ў ноумед нашуд. Ва њар љо ки рафт, аз боби сарнавишту гуноњу савоб ва подафраву подоши рафтор ба њамсўњбатон њикоят мекард. Ва њоло низ мардуми зиёд гирди ўро гирифта ба суханонаш гўш медоданд. Ва овози љозибаноки Аша Зардушт дар фазои корвонсарой танинандоз гардид:
—Инсон дар интихоби ин ду роњ озод аст. Ба инсон аќлу идрок ба хотири он дода шудааст, ки ба василаи нерўи андеша ва майлу иродаи хеш аз ин ду роњ якеро баргузинад. Сипас, масъулият танњо ба дўши шахси ўст. Мардуми соњибхираду доно роњи аввалро интихоб мекунад. Мардуми нодон, бетаљриба, ё он, ки нуќси аќл дорад ва дорои хислатњои палиди инсонист, осоиши муваќќатиро хоста, роњи дуюмро пеш мегирад. Чун саге, ки аз зисту зиндагии фаъол дар љангал даст кашида, барои луќмае бо њазор тањќир хидмати хонадони мардумонро баргузидааст…
Марде, ки ба Бендваи бадќањр монанд буд, хурўшид:
—Ту одамиро бо саг баробар кунї?
Пас аз он, ки бо њунармандон шинос шуд ва донист, ки дар корвонсаройњо бемалол бо занњои рўсапї ишќ варзидан мумкин аст, бо бањонаи тафтиши њоли шањрдорї ба ин гуна љойњо зиёд мерафт. Ва њар гањ, ки ба пойтахт меомад, на дар кохи шоњ љой мегирифт, на дар хонаи дўстони дигараш, фаќат мењмонсаройро интихоб мекард, то як дами наќди беѓам занад.
Аша Зардушт табассуми малење кард ва ба ў посух дод:
—Сагон хељ дар мартабаи инсон нестанд, вале агар одамї бо омўзиши омўзгори дурусткор фаро гирифта нашавад, аз њашт љињат ба саг баробар шаванд.
—Ин њаќорат аст.
—Ваќте ки Ањура Маздо одамиро офарид, гуфт, ки шумо мукаммалтарин офаридањои ман њастед ва ба шумо ягон неруи бад зиён накунад. Вале  Ањриман ба воситаи макру њиял дар дили онњо шубња ангехт ва чун мардумон шубња карданд, Ањриман ба воситаи шубња ба дили онњо љой шуд ва ба пиндору гуфтору рафтори зишт рањнамої кард.
—Пас, Ањриман метавонад дар дили њама љой гирад ва моил ба гуноњњо кунад
—Ба мо зарур аст, ки њавасњои ањримании љисми худро назорат кунем.
Бендва ѓолибона гуфт:
—Пас, ба худи ту низ девон метавонанд асар кунанд?
—Ањура Маздо маро аз найранги девон огоњ карда гуфт: Бидон, ки мо, Амшоспандон, ба ту дигар хел зоњир мешавем, на он чунон, ки девон. Амшоспандон ноаёнанд, девон дар симои одамї меоянд ва бо њавасњои љисмонї шуморо дар банди худ медароранд. Њатто ту, Зардушти њаќгўйро, низ мекўшанд фиреб дињанд. Соати он наздик аст, ки деви маккор дар симои зани зарринкамари зебопистон ба ту дармеовезад, ки бо њусну љамолаш туро мафтун карда, ёри ту шавад…  Ба ў бовар макун ва Ањуна ваирйаро бихон. Ва ин пешгўї дирўз дар њамин шањр рух дод ва бо хондани дуо онро пешгирї кардам.
—Чаро њаќорат бошад?  Эй ашавандон, нек дар сагон бингаред ва бубинед, ки  њар саге сиришти њаштгуна аз мардумро дорад: сиришти отурбон, артештор, барзигар, хунёгари овора, дузд, љонвари даранда, русапиву кўдак:
Марди думўйе бархост ва изњори норзигї кард:
—Сагро ба отурбони ашаван чї нисбатест?
Зартушт дид, ки бањскунанда тан додан намехоњад, хостори он шуд, ки њамаро оштї дињад. Бинобар ин, доирачаашро бо каф зада, бо оњанги хос чакомавор хонд:
—Сагро чї нисбатест ба отурбон? Ман бигўям.—
Њамчун отурбон резахури хони хони дигарон аст,
Њамчун отурбон сипосгузор аст,
Њамчун отурбон хурсанд мешавад,
Њамчун отурбон танњо хостори нонпора аст,
Сипоњии тануманде бархост ва изњори нобоварї кард:
—Артешдор њомии ќавм аст, вале бо саге баробар бошад?
—Саг њамчун артештор пешњангом аст,
Њамчун артештор ба нигањбонї аз бењтарин чорпоён набард мекунад,
Њамчун артештор нахустин касест, ки аз хона берун меравад,
Чунин аст?
—Бале, чунин аст.
Сипас Зардушт ба барзгарон рўй оварда гуфт:
—Нек бингаред:—
Саг њамчун барзигар њушёру камхоб аст,
Њамчун барзигар нахустин аз хона берун меравад,
Њамчун барзигар охирин ба хона бармегардад.
Чунин аст?
—Бале, чунин аст…
Зардушт ба хунёгарон рўй оварда шарњ дод:
—Саг ба хунёгар чї нисбате дорад?—
Њамчун хунёгари овора овозхон аст,
Њамчун хунёгари овора мењмони нохонда аст,
Њамчун хунёгари овора низор аст,
Њамчун хунёгари овора бенавост.
Аз чашмони хунёгари хандон ашк баромад:
 —Њаќ гуфтї.
Зардушт ба љониби марде, ки дар торикї љунбуљўл дошт, назаре карда гуфт:
—Њамчун дузд торикиро дўст медорад,
Њамчун дузд дар торикї парса мезанад,
Њамчун дузд бепарво хўрок мехўрад,
Њамчун дузд нигоњдорандае сустпаймон аст.
Чунин аст?
—Бале, бале.—тасдиќ карданд њозирон.
Зардушт ба тарафи модарон нигариста гуфт:
—Њамчу кўдак пурхоб аст,
Њамчу кўдак раманда аст,
Њамчу кўдак забондароз аст.
Њамчу кўдак бочањор даступо роњ меравад.
Љањї —зани рўсапимаоб эътирози сахте  кард.
—Эй дўст, занонро ба хорї манигар.Чаро сагеро ба зан баробар кунї?
Зардушт ба љониби он зан нигариста гуфт:
—Саг њамчун рўсапї наѓмасарої мекунад,
Њамчун рўсапї мењмони нохонда аст,
Њамчун рўсапї дар гузаргоњњо парса мезанад,
Њамчун рўсапї низор аст,
Њамчун рўсапї бенавост.
Магар чунин нест?
—На.
—Чї гуна?
Зани зебои рўсапї низ ќоим шуд, вале чун њама занњо бо ѓуруру якравї гуфт:
—Ман башорате аз водии муњаббатам. Ман онам, ки барои бахтљўён бахту шодї оварам. Ва танњо љавонмардтарини љавонмардон, асилтарини асилзодагон, нерумандтарини нерумандон сазовори муњаббати ман бошанд. Ва чунин марди асил ту бошї…
Чун сухан аз боби оиладории дуруст ва муњаббат рафт, Аша Зардушт гуфт:
—Боре аз Ањура Маздо пурсидам: «Кист, ки туро ба талхтарин андўњ дучор мекунад? Кист, ки туро бо талхтарин дард дардманд мекунад?»
Ањура Маздо посух дод: «Чунин касе Љањї аст, ки бо рўсапигарї дар пайи ашаван ва ноашаван, маздопараст ва девпараст ва накўкор меравад.
Нигоњи ў як савум аз гиёњони рўёни зебои зарринфомро мепажмуронад.
Нигоњи ў як савум аз рустанињоеро, ки пўшиши замин аст, мепажмуронад.
Наздик шудан бад-ў як савим аз андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек ва як севум аз нерумандї ва тавонои ашаванмардро мекоњад.
Ба ростї мегўям: чунин офаридагоне беш аз морони шикебо, беш аз гургони зўзакаш, беш аз модаргурге даранда, ки бар гала шабехун занад, беш аз модаѓуке, ки бар њазор гала аз тухмњояш бар обњо фуруд ояд, сазовори куштананд.
Боре аз  Ашии некрой пурсидам: «Чї аз њама бештар туро озурда мекунад ва боиси вайронии гетї шавад»?  Ашии неки бузургвор оње кашид ва гуфт: «Назди ман тундхўёнатарин кирдори мардумони ситамкор фирефтани дўшизае шўйногузида ва обистан кардани ўст. Бо шумо чї кунам? Ба осмон фаро равам? Ба замин фурў равам»?
Воќеан, дар Ориёнои бостон ин гуноњи хеле гарон њисоб мешуд.
Дар ривояти «Сад дар» илова шудааст: агар зани рўсапї ба обњои равон нигарад, бозистанд; агар ба гиёњон бингарад, аз равиш бозмонанд; агар ба марди порсо њамсуханї кунад, њушу покии марди порсо аз миён биравад.
Дар китоби дигари «Дин» (Авесто) навиштаанд: Эй Зардушти Спитмон! Дар бораи зан, ман ба ту мегўям: њар зане, ки тани хешро дар як рў ба ду мард биспорад, куштанитар аз гург, ё шер, ё мор аст. Касе ки чунин занеро бикушад, чунон савоберо ба даст меоварад, ки бо фароњам овардани њезум барои њазор оташкада ва ё вайрон кардани њазор куноми мори гурза ё дигар морон, каждум, шер ё гург метавонад ба даст оварад.
Љимоъ дар Ориёнои бостон чун дар оини њиндуњо аслан барои тавлиди фарзанд буд ва дар ин љараён махсусан мардон масъулияти бештар доштанд. Онњо Амшоспанд Спандармадро ситоиш карда мегуфтанд:
—Эй Спандармад, ман ин мардро ба ту месупорам. Ту ин мардро дар рўзи бузурги Растохез ба ман бозпас дењ. Ўро ба сони марде  шиносои «Гоњон», ва «Ясна», марде диногоњ ва посухгўйи розњои дин, марде хирадманд ва зираку танмантра ба ман бозпас дењ.
Пас ўро бо номи Оташдод, ё Оташбор, ё Оташзод, ё Оташбум, ё њар номи дигаре, ки бо оташ пайванд ёфта бошад, бихон.
Нутфа бинобар боваридошти ориёї як марди кўчак аст, як узви зоиданашудаи тира аст. Њамаи ташрифот мутаваљљењи ин нукта аст, ки барои як марди кўчак, ки хоста аз маљмўаи бузург бурун тохта ва гумроњ шудааст, бастагї ба тираро таъмин кунад. Аз ин рў, вай ба Армаити супорида мешавад, то ки аз ин рањ худо ўро ба њангоми навсозии бузурги љањонї њамчун фарзанде, ки аз њамсари худ бордор шуда, муаррифї кунад. Ин чї касест? Аз роњ номи писараш ишора мешавад, ки бо Отар бояд таркиб шуда бошад. Ин Воњумана аст, ки сурати таљаллиёфтааш Отар, яъне Оташ аст.
Ин сўњбати олимона он ќадар ба зани рўсапї таъсир кард, ки волаву шайдои Аша Зардушт ва Маидйумоњ шуда, назди эшон омад ва изњори муњаббат кард. Чунон бо боварї гуфт, ки гумон кард, њамоно њарду пеши пояш меафтанд. То ин замон чунин буд. Ва бори аввал ўро рад карданд.
Аша Зардушт  гуфт:
—Магар ту бо ин рўи хушу зебо лоиќи шавњаре мењрубон ва никоњї нестї?
Зан ба худ ларзид, аз сидќ оташин шуд, вале бо алам, хеле самимона арз кард:
—Аз хатои љавонї ман то њол бахт мељўям. Охир мани берўзї њам бояд соњиби як марди кал ё кўр бошам? Чанд сол шуд, ки мељўяму намеёбам. Се-чортои аввалаш вазифадор, лекин зихнаи мурданї буданд, ба ман хеле даѓалона, мисли хидматгори полшўяк муносибат мекарданд. Баъд тољирњо баромаданд, онњо нисбатан мењрубонтар буданд, вале фиребгару айёр буданд, бо ман тиљорат кардан хостанд.  Вале ман њам дил дорам, дили бемор дорам. Барои онњо дарди дили ман ањамияте надошт, онњо аз дарди бедавои зани зиќоќ, сардорњои сагфеъл, хешони даѓалашон гурехта дар хонаи ман оромї мељўянд. Дар ана њамин давраи љустуљўи бахт нохост як љавони оддии бепулак, вале соддаи самимї пайдо шуд, ки ба ман ба таври њаќиќї ошиќ шуд. Гумон кардам, ки вай ба ман бахт меорад. Дили ман њам бори аввал ошиќ шуд, барои ишќ касеро љазо намедињанд. Аммо баъди се рўз ўро гум кардам. Ва то њол аз дигарон он чиро мељўям, ки ў ба ман дода буд.
—Кош ёфта будї…
—На. Бори дигар хато кардам: шавњар кардам, вале ба фишори бењудаи модаршўйи сарватмандам тоќат карда натавонистам. Гетї барои ман як ќафаси зарин буд. Дар љањон шадидтар аз фишору зўроварии њамсару хушдоман нест: аз њама гуна фишор—фишори давлатї, ќавмї, нажодї  тавассути эътироз, инќилоб, ва ё мадади шоњ, бо пораю ришва, аќаллан бо фирор аз мулк ва  ёфтани паноњгоње дар мулки дигар рањої мумкин аст, аќаллан шаб аз фишори онњо халос шуда ором  шудан мумкин, илло аз фишори оила: њар рўзу њар шабу њар соату даќиќа, зимистону тобистон, дар тўю мотам, њатто дар сари гўр њам азобу фишори шавњару хушдомани бадро эњсос мекунї. Ана, барои њамин аз ќасри заррини шавњарам баромада рафтам. Чанд ваќт шуд, бароям бахт мељўям. Аммо дар ин шањри калон дар байни мардон ягон њамдиле наёфтам. Шояд имрўз бахт ёрам шавад?
Рўсапї ба Маидйумоњ рўй овард. Аммо вай бо афсўс гуфт:
—Њамроњи ту ман њељ ваќт хушбахт буда наметавонам. Барои њамин, узр мехоњам…
—Чаро аз аввал бо чашмони кушода ба мардон нанигаристї?
—Аввалаш, он рўз чашми ман кўр буд. Ман чи донистам, ки шумо мардњои тањамтан   ваќти талхии рўзгор аз дидори  мо, занон шакар мељўед, дар гармои тафсон аз лабони мо яхмоси хунук мехоњед, дар сардии зимистон аз рўи мо гармии офтобро мељўед, дар хазони рўњу мотами дилатон аз вуљуди мо бањор мехоњед!? 
      —Ин гапат њаќ аст. Баъзе мардон чунинанд.
      Марде ки интизори зудтар тамом шудани бањси онон буд, аз дасти зан кашида, даѓалона гуфт:    
      —Шояд бо ман биёї. Сарвати ман зиёд аст. Розит мекунам.
       Зан барошуфт:
      —Дастатро бигир! Ман аз рангу рўи њамаатон безор. Пагоњ мўямро ранг кунаму ба рўи сиёњам сурхию сафедї молам, њар як марди ман-ман мегуфтагї љон-љон гуфта, маро зан мекунад!  Ба ман на сарвати ту даркор, на зўроварию нозу нузат. Наход аз сўњбати аввал шарту шароит монї!? Ман наѓз медонам,  ки чї кор кунам. Худоро шукр, ман озодам. Ишќи озод мехоњам. Зинда бад Љайника—Деви муњаббат! Њар ваќте ки дили шумо бањор хоњад, њар ваќте ки як лаби латта, як мушти пар, як зани бечораи бахтталабро хушбахт кардан хоњед, пеши мо оед. Охир мо њам барои бахт њаќу њуќуќ дорем? Суроѓаи бињишти моро аз риндон пурсед. Танњо ба касе расам, ки дилам хоњад. Ва њатман шавњари никоњї мекунам!
        Бо ин гуфтањо ў аз пеши мардон дур шуд.
        Дили Аша Зардушт ба њоли ў сўхт.
Аммо пас аз чанде ин зани овора њама гуфтањои пурѓурури худро фаромўш кард ва луќмаи хоми лазизи арзонбањои яклањзаинае барои Бендва гардид ва пас аз лањзае чун саги вафодор њар як амру хоњиши ўро иљро кардан гирифт.

67. ТУЛЎИ БАХТИ МЕНУ
 
Ва инак, дар њузури Кайвиштосп базми хушдилї оѓоз шуд.
Бархилофи чашмдошт, баробари оѓози базму таронахонї ва раќсњои љолиб дари дили шоњ ба кори мулк низ кушода шуд  ва Љомоспро назди худ бархонда аз корњои дарбор ва гўшањои кишвар пурсон шуд.
—Љомосп, ту бидахши оќил ва доно њастї.Чорае дарёб, ки хуни њамаро ба љўш орад. Љашну сурур кофї нест. Мардњо аз маю хуррамї коњил шуданд. Дарёб, ки чи чизе мардонро дар њоди мардонагї нигоњ дорад.
—Ба чашм.
Шоњ ба њунармандон чандон ањамият намедод. Шояд аз он, ки аксари онњоро борњо дида буд, ва ё аз он, ки њама овози хушу навои фораме доштанд, аммо чунин ба назар мерасид, ки њама бо як услуб мехонанд. Ва шояд аз он, ки таронањо нав набуданд ва дилбазан шудаанд. Дарвоќеъ, ќойидаи нонавиштае мављуд аст, ки бо талаби сармуѓаннї  аксари муѓанниёну чакомахонњо њамон тавре мехонданд, ки сармуѓаннї рухсат дињад ва њамон чизеро мехонданд, ки замоне аз љониби ў иљро шуда писанди шоњ ва ањли дарбор гашта буд. Дигаргуниро танњо лањни нотакрори овозхонњо метавонистанд ба вуљуд оваранд. Аммо ин ба фањми муѓаннї намерасид, ё махсус чунин мекард, ки њама овозхонњои љавонро пайрави мактаби ў шуморанд ва њамеша ў ва собиќаи овозхонии ў вирди забони шоњону вазирон бошад.
Аммо Виштосп аз љумлаи шањони оќилу доно буд. Ва њоло кулли мардони овозхонро пазируфта натавонист.
Сармуѓаннї бошитоб њунармандонро иваз кардан гирифт.
Навбат ба раќќосагон расид.
Шоњ ба дўшизагони хушхиром назаре афганд ва боз ба Љомосп рўй овард:
—Мебояд, ки ба корафтодагон бепарво набошем. Муѓи фолбин гуфт, ки наљот
аз сўи дигар ояд.  Имрўз чї касони ношинос ба ќабул омада буданд?
—Тољире аз Њулбак буд, тољире аз Гава Суѓда ва… Зардушти Спитмон ном  марде ѓариб.  Мегўяд, ки вай кеши наве овардааст.
Љомосп аз чи бошад, дар мавриди Аша Зардушт бештар сухан гуфтан хост, аммо Кайвиштосп таваљљўњ  накард ва ўро љиддї нањисобид.
—Гадоњои шўх зиёд шуданд. Аспу зар дињед ва биронед…
—Се бор чунин кардем, зари фаровон додем, асп додем, вале афсўс гуфт ва чизе нагирифта баромада рафт...
Вале ин сўњбат нотамом монд. Зеро ки њунармандони сањнаро иваз карданд. Зеро ки ба майдон париваше нозукхиром, баландболо, мўрчамиён, садафдандон, роњати љон— Мену бо лањни хушу чакомаи ѓайриоддї бо раќсу њаракати мувофиќ баромад. Чун навбати бонувон расида, вале овозхони шинохтаву хушсадои дарбор чанд муддат бемор буд, сармуѓаннї овозхони нав—Менуи аз он сўи рўд омадаро ба сањна баровард.
Маълум, ки барои ба майдони базми шоњ расонидани духтар бисёр устодон зањмат кашида, тамоми назокати рафтору гуфтор ва сењри њунарро нишон доданд. Вале  Мену худ соњиби завќи баланд буда, дарди амиќе дар дил дошт, дилшинос буд, дид, ки таронањои сабуки шўх  ба дили шоњ асаре накард, тартиби таъинкардаи сармуѓанниро вайрон карда, бо нўги ангуштон ба ромишгарон ишорае кард. Онњо, ки дили ўро дарзамон мефањмиданд ва њангоми набудани сармуѓаннї машќњоро расо карда буданд, асбобњои мусиќиро ба даст гирифта лањзае хомўш монданд. Мену бидуни мусиќї дар фироќи кадом як ёри нопайдояш  чакомае бархонд ва он ќадар нола кард, ки мурѓони њаво ба њолаш гиристанд.
Фалак доду фалак доду фалак дод,
Ба фарёдам, ба фарёдам, ба фарёд.

Зи љаври чарху зулми дањри бедод,
Ба фарёдам, ки бар ман нест фарёд.
Бараш бедоди ман аз бањри рўяш,
Бидодам умру айши хеш бар бод.

Фалак доду фалак доду фалак дод,
Ба фарёдам, ба фарёдам, ба фарёд.

Ба фарёдам њамеша рўзу шаб з-он,
Набудам як замон аз бахти худ шод.
Магар аз ёди васлаш як замоне
Дилам гардад зи дасти њаљр озод?

Аз ин њол сармуѓаннї тарсид. Дар дил онеро дашном дод, ки Менуро ба сањна гузошт. Ин дўшизаро вазири дарбори шоњ Андарвой тавсия карда буд. Вазир мафтуни њусну љамол ва овози хуши нотакрори  ў шуда, аз он тарафи рўди Даитйа овардааст. Ба шоњ низ писанд омад ва ба устодони њунар супориш дод, ки њамроњаш таронањо омода кунанд.  Мену ба њамин ният омада буд, ки њунарашро дар пойтахт, дар назди бузургон  намоиш дињад.  Вале аз рўзи аввал муњити дарбор ба ў писанд наомад. Озодї ва каронањои гулпўши диёраш, водињои фароху шахњои баланди обшори кўњистон ба ў илњому озодї мебахшиданд. Вале дар ин дарбори зарринкўб дилаш танг мешуд ва худ эњсос мекард, ки њам садояш коста шудааст ва њам таронањо ифодагари арзу ниёзаш нестанд. Аммо устодон ба ў мегуфтанд, ки Мену на мусиќиро мефањмад, на сурудро. Ин бузургони њунар умри гарони худро дар ин кор бохтаанд ва неку бадро хубтар медонанд. Сармуѓаннї ўро ба таври худ љазо медод, яъне дар маљлисњои шоњ ба ў навбат намедод. Ва чун сўги бонуи шоњ даррасид, Менуро њама фаромўш карданд. Вале имрўз чорае набуд ва ўро ба сањна роњ доданд. Аз ин њол сармуѓаннї сахт пушаймон шуд.
Вале ин чи мўъљизае? Шояд аз њаёту шодмонии зудгузар андешаманд шуд, ва ё аз он ёри дар айни љавонї пажмурда-гаштааш ёде кард, ё чизи дигаре аз хотири шоњ гузашт, ки хомўш монд ва ашк дар чашмонаш њалќа зад.
Менуи хушовозу хушсимо роздон буд, ба ромишгарон ишо-раи навохтани мусиќиро кард. Муѓанниён паст-паст ва хеле бо-назокат оњангеро навохтанд ва Мену аз њамон њолати аввалаи худ набаромада,  ба оњанги андаке хуштар чомаи дигаре оѓоз кард:
—Баромад зи гулзор боди бањорї,
Биёвар майи арѓувонї, ки дорї.
Чаман аз кї омўхт ин тозарўї,
Сабо аз кї омўхт ин  созгорї?
Зи ѓунчадањониву сад гуна ханда,
Зи булбулзабониву сад гуна зорї,
Зињї шўх наргис, ки бо умри кўтоњ
Гузорад шабу рўз дар шохсоре.
Љомосп низ дар андеша шуд. Зеро ки њарчанд савту чакома хушоњангу њаётдўстона буд, шоњ гирист, эњсоси ќаблї тоза шуда, дар симои Мену њамон бонуи чун гулбунаи шукуфони аз даст додаашро медид ва гўё Мену дар сурати ў даромада њолиё аз номи ў ба шоњ сухан мегуфт. 
Сароњанг тамоман аз њаёт дасту дил шуст. Боре чунин њолат њангоми овозхонии ў рўй надода буд. Бинобар ин, дар дилаш деви бухлу њасад љой шуда, ўро аз роњ зад ва худ аз доираи одобу тартиб даргузашта, ишора кард, ки ромишгарон мусиќиро ќатъ кунанд.
Њама лањзае хомўш монданд.
Кайвиштосп, ки дигар ашкњояш хушк шуда, дар дилаш хуррамие рух дод, бештар ба њайрат омада, аз дўшиза пурсид:
—Дигар чакомае надорї?
—Дил пур аз навост.
—Пас, бихон.
Ромишгарон, ки аллакай бо ишора аз сароњанг танбењ гирифта буданд, аз амри шоњаншоњ рўњу илњоми тоза гирифта, даст ба чангу уду рубоби худ бурда навои тозае навохтанд. Вай ба табъи њозирин мувофиќ омад. Ва Мену њам бо майли хотир ва камоли одоб назди шоњ таъзим намуда, хонд:
—Мужда, эй дил, ки ёр бозомад,
Бо њазорон хумор бозомад.
Сад њазорон сипос эзидро,
Ки бидидам, ки ёр бозомад.

Шањре ба ту ошиќанду ман низ
В-ар бохта оям љону тан низ.
Дил куштаи он камони абруст,
Чун бурдаи он лабу дањан низ.

Имрўз туї дар ин замона
Ангуштнамои марду зан низ.
Њамчун дили ман њазор дил беш,
Афтода ба зулфи даршикан низ.
—Номат чист?—пурсид шоњ.
—Мену.
—Ту њамонї, ки Андарвой аз он љониби рўди Вахва Даитйа овардааст?
—Бале.
—Хуб мехонї. Вале аз фироќи кї нола мекунї?
—Ин чакомаи дили ошиќон аст…
—Офарин бар Андарвой, ки лаъли холиси гаронтарини љањонро ба мо њадя овардааст. Зињї, ай дўшизаи хуршедчењра, ки ѓами њазорсола  аз дили мо зудудї.
Бо «зињї» гуфтани шоњ мувофиќи ќоида табаќи симини пур аз зари холис оварда ба ба овозхон доданд. Вале Мену онро бо эњтироми вижа назди устодаш сароњанг ва мутрибон гузошт.
Ин њам ба дили шоњ писанд омад ва гуфт:
—Муѓи фолбин њаќ будааст: аз гули зебои гулшани он љониби Вахва Даитйа бар дили мо хуррамї омад.
Дили Мену аз шодию фарањ лабрез шуд. Хост бо њамин сањнаро тарк кунад, аммо ин садои дилнишину њаётбахшу наљотбахши шоњ ўро боз ба сањна баргардонд:
—Рўй аз мо панањ макун, агар инсоф дорї…
Хунёгарон ављи мусиќиро навохтанд.
Дигар њукми сармуѓаннї ба анљом расида, ў пеши ин хуршед, ин нури осмонии истеъдоди соњибњунарро гирифта наметавонист. Пиндошт, ки љањон барояш торик шуд, ки як њунарманди аз ў садњо маротиба њунармандтаре падид омад ва ўро—кушандаи ному обрўи худро бо дасти худ ба сањна роњ дод.
Ва Мену ба лањни хуши ављи чакома гузашт ва аз тантанаи муњаббати беѓаш њикоят кард ва гўё дар љавоб ба сухани лутфомези шоњ бархонд:
—Эй паричењра, надонам зи куљо меої,
Одамизода набошад ба чунин зебої.
Рост хоњї, на њилол аст, ки  пинњон дорї,
Њайф бошад, ки чунин рўй ба кас нанмої…
Вале мардумони дур аз дарбор озодтар буданд  ва аз тањти дил шодмонї мекарданд. Дар мењмонсарой низ пизишку њакими доно будани Зардушт аз назари соњибдилон пинњон намонд ва чанд нафаре, ки аз вилоятњои дигар омада буданд,  ўро ба маљлиси худ даъват карда аз њар боб пурсон шуданд, то њаќу ноњаќро муайян кунад.
—Чаро мо њамеша бо девон дар набардем, вале дев кам намешавад? Кай шавад, ки вай тамоман нобуд гардад?
—Мардумї дар зоиши фарандони Дуруљ њамкорї мекунанд.
—Мардумон дев бизоянд?! Чї тавр?
—Ба ин саволи Сурўши порсо Дуруљ  гуфт: «Дар байни мардум Чањор наринаанд, ки аз они мананд:
Нахустин наринаи ман касест, ки талбандае ба хонаи  вай ояд ва ў ноне надињад».
Дар торикии шаб аз гуфтањои Зардушт дар тасаввури шунавандагон он лавњањои маѓшуш ва зишт падид омаданд ва зимни он гуфтањо њар кадом рафтори пешинаи худро ба ёд оварда, бархе худро шинохтанд. Зардушт суханашро давом дод:
—Дувумин  наринаи ман касест, ки бо занони рўсапї даромезад ва ёди зану фарзандони худ накунад. Севумин наринаи ман касест, ки дуздї кунад ва луќмаи њаром ба хони худ барад. Фарзанди ў нони дуздї бихўрад ва фарзанди ман шавад. Чањорумин наринаи ман касест, ки пас аз сини балоѓат фарќи байни савобу гуноњ надонад ва хамроњи мо девону љодувону зандиќон ба табоњии љањон камар бандад.
Мардуми дар майдон шунида беихтиёр сари таъзим фуруд оварданд.

68. БАЊМАНИ УФТОДА

Он замон байни шањон ва зодагони Туру Эраљу Салм —шањзодагон мухолифату зиддият буд, вале мардумон бидуни ягон монеа ва мушкилоте дар ќаламрави якдигар зиста, тиљорат карда, бо кишоварзї ва чорводорї машѓул мешуданд. Як забон, як дин, фарзандони як бобо—Фаридуну Љамшеду Њушангу Каюмарс будан кори ононро осон мекард. Бинобар ин, дар байни шунавандагони Аша Зардушт туирйа  њам буд, аирйа њам, њама баробар буданд чи дар кори нек ва чи дар кирдори зишт. Махсусан љавонмарди ќавипайкаре, ки нишоне аз Гаршоспу Рустаму Афросиёб дошт, диќќати ўро ба худ љалб кард. Љавон он ќадар афтодарўњ ва аз зиндагонї дилмонда буд, ки баробари дигарон намехандид, ба шўр њам намеомад, ба њама бетафовутона менигарист ва гоње садои ба нолиши талх монанди ў баланд шуда, ба дилњо чун ханљари тезе мерасид.
Зардушт бархест, назди љавон омад, нишаст ва ба чењрааш назар карда ба фикр фурў рафт.
Љавон ба ин гуна ташрифоти мардум одат карда буд, аз чашмонаш зардоб мерафт, дар оташи таб месўхт. Вале бо зўрї чашм кушода, ба чењраи Зардушт нигарист ва бо илтиљо гуфт:
—Агар чорае дарёбї, ки аќаллан як соат, аќаллан як лањза дарди маро кўр кунад, ѓуломат шавам.
—Чора њаст,—бо андеша гуфт Зардушт.—Аммо мушкили дигаре њаст.
—Чї мушкилие?
—Туро дарди сар аз чизест, ки дар миёни сари ту садо медињад.
—Бале.
—Ман бо мантрадармонї ва гиёњи давої дарди туро нест кунам. Аммо…
—Ту пизишкї?
—Чизе аз олами пизишкї бидонам.
—Маро наљот бидењ, саги даргоњат шавам.
—Аммо пас аз гум шудани ин дард аз сари ту савдои зиёде бархезад ва турову атрофиёни туро ба балоњои азиме гирифтор кунад.
—Худоё, чї балое?
—Њоло чизе гуфтан мушкил аст, аммо савганд бихўр, ки пас аз њокими вилоят шудан маро амри куштан надињї.
—Чї њазли бељое. Ман шикастарўзгорам, бекасу танњову дарбадарам, дар дами маргам. Аз њаётам рўзњои башумор мондааст. Мехоњам, ки аќаллан пеш аз марг нафасе дард маро тарк бикунад.
—Агар ба номи офаридгори яктои њастї савганд хўрї, чораи дарди туро ****.
—Ту љиддї мегўї?
—Бале. Ин бањои хидмати ман хоњад шуд.
—Худоё, чї њазли бељое? Ман дар дами маргам, кафан надорам, на ёре дораму на кадхудоям. Ту гўйї, ки ман фардо њоким шавам…
—Савганд бихўр.
Љавон марди хушсурати озодаи рўбарўяш истодаро њељ намефањмид.
—Надонам, ки рост гўї, ё чун бисёр атрофиён бо њазли хунуке мехоњї дили худро шод кунї.
—Савганд бихўр
—Савганд ба њама муќаддасоти гетї, ки  њељ гоњ бар ту сиёсат нафармоям ва бадие дар њаќи ту накунам.
—Савганди марди ориёї болотар аз њама санад ва далел аст. Шумо шоњид шудед.
—Бале,—тасдиќ карданд дигарон.
—Дар ин чармнавишта имзо бикун.
—Ба чашм.
Имзо гузошта шуд. Ва Аша Зардушт шурўъ кард ба гиёњдармонї. Гиёњеро дар оби љўшида тар карда ба љавон дод.
—Аз ин гиёњ бихўр.
Чун љавон он обро нўшид, Аша Зардушт доирачаи хурдакакаи худро бароварда, навоеро сабук навохт ва Мантраи варљовандро хонд.
Љавон оби боќимондаро њам нўшид. Аллакай оби чашмаш хушк шуда, сурхии гирди мардумакаш нопадид гардид. Араќ пахш кард ва хобаш бурд.
Шоњ ба шабистон даромад ва дид париваше нозукхиром, баландболо, мўрчамиён, садафдандон, роњати љон. Ва ин дўшиза  Мену буд.
Ў дар либоси њарир ва ороишоти заррин боз њам зеботар шуда, ба шоњдухтари афсонавї монанд гаштааст. Мену бо эњтироми тамом ба шоњаншоњ таъзим намуд. Шоњ дар тахти кушоди зарин љой гирифт. Мену ба шоњ  шарбат дод. Зимни мусиќї Мену сарбанди худро аз сар фурў гузошт.  Сипас хилъати њарири зарринбофтро аз китфонаш гирифт.
Шоњ аз љой бархест. Дўшиза чуноне, ки ба ў ёд дода буданд, љониби шоњ мутеъона сар хам намуд ва табассум кард. Хандаи дўшиза  аслан самимї буд аз бахти ногањонии сустпаймон вале вай дар назари шоњ басо латифу сахткашиш ва шўрангез расид. Шоњ бо њаяљон ба канизи нозукхирому нозукандому боњунар наздик шуд. Чунин мулоќотњо барои шоњ садњо бор воќеъ шудааст, аммо ин дафъа худро њамчун љавони корноозмудаи бо муњаббат навошно эњсос кард.  Дили пурэњсоси канизаки хушбахт сахттар ба тапиш даромад ва пистонњои нозуки аноршакли норинљиаш пасту баланд шудан гирифтанд. Зан ба ин бахт бовар карда наметавонист ва шоњ ба ин эњсоси гуворо.  Сабаб чист, ки пас аз чињилсолагї, пас аз завља ихтиёр кардану соњиби  фарзандони зиёд шудан ба ин дўшиза ин ќадар дил баст?
—Худоё, одамї њам чунин зебо шавад?
—Дар чашми зебошиноси Шумо њама зебо менамоянд.
—Чи овози бињиштї…
—Ин садои дили ошиќ аст.
Ин сухани боилтифот, ки натиљаи сабаќњои дар ин дарбор гирифтаи духтар буд, он ќадар табиї ва густохона ва аљиб садо доданд, ки шоњ тамоман њушу ёди худро гум карда ба сад дил ошиќ шуд ва ќарорро аз даст дода гуфт.
—Дўшизагони зеборухи зиёд дидаам, аммо ту баробари њунари воло соњиби љасорат ва аќли расо њастї. Ман туро бонуи аввалини дарбор мекунам…
—Ин ѓайриимкон аст, рањонандаи бузург. Ман чокари камтарини шумоям.
—Аз ин соат туро бонуи худ кунам.
Мену ќоидахои рўзњои охир омўхтаашро фаромўш карда, мавќеи њозираашро ба ёд оварда њушёр шуд, ва беихтиёр хандид. Вале хандааш њузнангез баромад.
—Ташаккур.
—Чаро хандидї? 
—Њафтае пеш дар диёри худ хољазода будам, вале њоло чокари камтаринам. Ва садњо чу ман барои шоњ заррае эътибор надоранд.
—Ман шоњам. Чорае дарёбам, ки њаќи бонуву чокарзанро баробар кунам.
—Чунин чора танњо дар кеши Зардушт аст, аммо вай дар он соњили рўди Оахшо монда.
—Зардушт? Заратуштра… Ин номро куљое шунидаам.
—Кист ў?
—Пизишки номист ва динбурдор. Кеши нави ў басо аљиб аст. Танњо дар кеши ў канизу бону, хољаву ѓулом њаќи баробар доранд.
—Ў њоло куљост?
—Пайравони кеши ў афзуданд, вале аз ин њукмфармоён норозї шуданд, ошўбе ба амал омад ва Зардуштро зиндонї карданд. Гуфтанд, ки аз зиндон халос кардаанд ва пинњон шудааст. Дигар хабар надорам.
—Заратуштраро ба дарбор оварам ва туро хушбахтарин зани дунё бикунам…
—Оњ, дилам…
Ин барои Мену бахти ногањонї буд, аммо дили ў аз хурсандї фишурда нашуд. Чокарзани хушбахт аз дарди ногањонї дилашро дошт, вале бо зўрї табассуми сохтае кард, њамин табассуми сохтааш њам зебо буд, вале нафасгир шуд ва бо табассуми сохта дар лаб мисли дарахти аз бех бо табар буридашуда рўи љогањ афтод. Ягона сабаќе, ки аз мактабњои хондааш дар ёдаш монд њамин буд, ки дўшизаи зебо маргро њам бояд бо табассуми зебо истиќбол намояд. Шоњ ба ранги торафт сафедшудаи ў бо њайрат  нигариста тарсид.
—Ба ту чї шуд? 
Мену бо зўрї чашм кушод ва охирин ќуввати худро сарф карда, гуфт:
—Маро зањр додаанд. Чораи маро танњо Зардушт донад. Оњ, агар ў ин љо мебуд…
—Пизишконро бигўед!—амр кард шоњ.
Шодии як лањзаинааш гум шуд. Аз марди ошиќ боз ба шоњи њукмфармои љиддї мубаддал гардид. Ва овозаш дар ќаср ѓулѓула андохт: 
— Хиёнат!? Бидахшро бихонед!
Одамони хоболуду махмури дарбор ба тањлука афтоданд, давутоз сар шуд.

69. МАРГИ МЕНУ
 
Дар њуљраи хоси Кайвиштосп бидахш Љомосп дар таъзим истодааст.
Вале се рўз аст, ки Шоњ бо андешањои гарон ўро мешунавад: 
—Пизишкон дар илољи ин кор ољиз мондаанд.
—Агар пизишкон чораи ин дўшизаро наёбанд, њамаро сар занам!
—Онњо бо деви марг гиребонгиранд.
—Ту… дар бораи Зардушт ном касе хабар оварда будї, —ба ёд овард шоњ.
—Бале.
—Њоло ў куљост?
—Дар мулки мост.
—Ўро дарёб ва назди мо биёр.
—Ба чашм.
Бидахш баромад.
Бањман аз хоб бедор шуда худро дигаргуна, бардам ва чусту чолок дарёфт. Лањзае гузашт то бар худ омад.  Пизишкро суроѓ кард:
—Куљост он марди аљиб? Њоло фањмидам, ки ў пизишки забардасте будааст.
Вале њарчанд суроѓ кард, ўро наёфт, касе низ гуфта натавонист, ки Аша Зардушт куљо рафт. Бо кушода шудани дарвозањои шањр ў ба кохи шоњаншоњ ворид гашта буд.
Хирсбозе бо хирсаш ба Майдони сарой омада, эълом кард:
—Њарки бо хирси ман набард кунад ва бар ў чира шавад, як туло мукофот бигирад. Агар бой дињад, ним туло ба хирси ман супорад.
Ин набарди аљиб њамеша мухлисони зиёд дошт. Дар як он тамошобинони зиёде љамъ шуданд. Њарки њарчи ба косаи мисини хирсбон партофт. Чанд љавонмард кўшиданд, ки хирсро афтонанд, аммо муваффаќ нашуданд. Хирс дасти якеро канд, гардани дигареро газид, нафари дигар ба болои хирс савор шуд, аммо пас аз лањзае пояш зери вай монда шикаст.
Љавон дар нињоди худ ќуввае њис карда бархест ва ба майдон омад.
Онњое, ки њолашро медонистанд, ба ў монеъ шуданд.
—Ту девона шудаї.
—Ту беморї.
—Деви ѓурурро аз худ дур бикун…
—Ё мехоњї худкушї бикунї?
 Аммо азми љавон ќатъї буд. Хирси дар майдон гармшуда дањонашро калон кушода, наъра кашида бар ў њуљум кард. Аммо љавон саросема нашуда, дасти худро бо лўнгие печонд ва дасташро рост ба дањони хирс андохта ба даруни гулўяш тела дод. Чун хирс нафасгир шуд, ба пояш њалук андохт ва дасташро чолокона аз лўнгї људо карда, бо як њаракат хирсро ба замин чаппа кард.
Фиѓони тањсини одамон ба њаво печид:
—Офарин!
Соњиби хирс саросемавор лўнгиро аз дањони хирс кашида гирифт, вагарна, љонвари ризќрасонаш нобуд мешуд.
Њама љавонро табрик намуданд:
—Офарин!
—Анўша бошї.
Хирсбон ба љавон як туло дод. Тамошобинон низ ба ў њар чи доданд, яке нон, дигаре мева. Дўшизае гарданбанди худро тўњфа кард.
Аз он мањал бидахши бузург Љомосп низ гузар кард. Ў шунида буд, ки шахси ѓариби нодире омадааст. Аммо ўро наёфт. Вале назараш ба љавону набарди ў бо хирс  афтода, дар симои ў чизе барои худ дарёфт, ки ба дасташ дањ туло гузошт ва зоњиран беањамиятона табрикаш кард:
—Офарин. Доди мардиро додї.
Љавон вазни зари холисро дар дасташ њис карда, дилаш аз шодї ба ларза омад ва ба чењраи ин марди саховатпеша нигарист.
Љомосп ба гўшаш пастакак гуфт:
— Бо мо биё, хидмате њаст…
Љавон аз амри ин марди болобаланди либоси сурхпўшида, ки ин нишони амалдори шоњ буд,  дар тааљљуб монд ва итоат кард.
Чун ба дари дўконе расиданд, Љомосп ўро ба нишастан амр кард ва гуфт:
—Нафаре аз одамони мо, ки омили вилояти назди рўди Вахва Даитйа аст, ниёз ба ту дорад. Аммо супориш ин аст, ки рафтору кирдори ўро биёмўзї ва пас аз се моњ асли њолу кори ўро ба мо хабар дињї. Њар чи аз зарринаву наќдина ва либосу љангафзор, аспу ѓулом зарур аст, ба ту аз дарбор дињанд.
—Нек бошад.
—Номи ту аз ин пас Бањман бошад.
—Ба чашм.
—Ба ту чанд муддат кофист, ки роњи Апохтар пеш гирї?
—Чизе маро ин љо нигањ надорад. Њоло биравам.
—Муайян бикун, ки чаро дар њудуди ин вилоят корвонњо ѓайб мезананд…
Сари љавон аз ин пешнињоди аљиб чарх зад. Ин орзуи дили љавон буд. Пешгўие, ки он пизишк карда буд, шояд ишора бар њамин буд?
Пас аз соате љавон аллакай дар тан либоси ашрофона, савори саманди бодпойи бохтарї дар ињотаи чањор сарбоз ба самти Апохтар роњ пеш гирифт.
Оќибат, Љомосп Зардуштро дарёфт ва гуфт:
—Бархез, ки соати имтињони бузург бар ту расид…
Аммо аллакай дер шуда буд.
То замоне, ки Зардушт ба дарбор расид, Менуи дил пур аз орзуњои воло, аммо нагунбахт бо хиёнати ањли дарбор аз дарбори љањон даргузашт. Маълум нашуд, ки ўро кї зањр дод—занњо аз рашк, ё њунармандон аз њасад.
Њарду тоифаро фањмидан мумкин буд. Занњо мегуфтанд:
—Охир мо ба умед шў баргузидаву солиёни зиёд дар хидмат будем, вале ин дўшизаи беодоб бо сухани озодона ва зебо шоњро чун кўдаке бо асал фирефта кард. Агар њама чунин кунанд, бешарафї бар хонадони шоњ оранд.
Муѓанниёну чакомахонон дар фикри худ буданд:
—Мо як умр машќи њунар кардем, вале то њол ба пазироии шоњ мушарраф нашудем. Аммо ин дўшизаи рўсапї бо ду суруд ва пироњани гиребончоку чашмони бозигараш ба дили шоњ љой ёфт ва тартиби садсолањо љоришудаи њунарро вайрон кард. Агар чунин кунанд, фарќи њунарманду бењунар, зањмату шабњои бехобии ањли њунар барои эљоди навин аз байн равад.
Вале њар бањонаю сабабе, ки пеш меоварданд, ѓайри бухли оддии зан ва њасади муќаррарии њунарманд ба соњибњунари худодод чизи дигаре набуд. Дар пањноњои Ориёно соњибистеъдоде чун Мену дар дањсолањо яке падид меоянд, вале одатан аз њасуди њампешагон ё љавонмарг мешаванд, ё ба тахту дарбор роњ наёфта, беному нишон мегарданд.
Бањмани навшифоёфта љойи худро дар ќасри њокими вилоят ёфт. Пас аз чанде хабарњои пешакї ба Љомосп расидаро  тасдиќ кард. Њокими вилоят дар кори давлат таљриба надошт, зиёда аз он зочаи дасти сипањбуд ва ќавмњои чодарнишин гардида, чорае барои пешгирии онњо намекард. Аз ин рў, бештари корвонњо мањз дар њудуди ин вилоят аз љониби кўчиён ѓорат мешуданд. Корвонњои Њинд ва Рум шикваи бештаре доштанд. Бо маслињат бо њоким Бањман тавонист чанд маротиба дар њудуди вилоят корвонњоро њамроњї кард ва тавонист пеши роњзанонро бигирад. Бар ивази ин корнома сарони корвон ба ў санги лољувард ва зару зевар њадя карданд, њоким низ ўро чун бародар дўст дошт.
Вале мардум мегуфт, ки њоким худ бо роњзанон созиши нињонї дорад. Ва њар корвоне, ки онро дастаи Бањман њамроњї кунад, гирифтори фољиа мегардид.
Аз ин Бањман ба танг омад ва чун љавони њаќшиносу њаќиќатталаб њарчи ба ў маълум шуд, нависонда нома пайи нома ба Љомосп фиристод.
Љомосп дар пайи тадбири фаврї шуд, то бехатариро дар Роњи лољувард таъмин намояд. Њокимро иваз кардан зарур буд. Вале њољат ба иваз кардани њоким намонд. Дере нагузашт, ки ў нохост ба дарди бедавое гирифтор шуда, фавтид. Гумон меравад, ки ба ў ё роњзанони кўчї, ё сарвари яке аз корвонњо зањр додаанд.
Чун вилоят дур буд, Љомосп маслињат дар он дид, ки Бањмани нав муваќќатан њокимии вилоятро ба ўњда гирад. Вале ваќт зуд мегузашту барои њоким шудан ба ин вилояти дурдасти нимкўњистон, ки нимаш дар дашт ва нимаш дар дарањои танги пурхатар љой гирифта буд, дар байни дарбориён хоњишманде пайдо намегашт. Ва ин маснади муваќќатї барои Бањман моњњову солњо идома ёфт.

70. ТАЉАССУМИ ХУДО ВА СУРАТИ МАНИШИ НЕК

Бохтар. Боргоњи шоњ Кай Ваштосп.
Аша Зардушт њамроњи Љомосп ба боргоњ  ворид шуд. Он замон тахти кишварро дар охири толор менињоданд ва дар пушти парда пинњон мекарданд. Соњибони дараљоти олия ва аъёну ашроф ва бузургони ќавму ќабилањо ба фосилањои гуногун аз парда рост меистоданд. Бешубња дар он љо њољибе насб карда буданд, ки маќоми бузургонро аз ќароргоњи љамоат људо мекард.
Вале имрўз дар толор касе набуд. Бо ишораи Љомосп дар байни толор истоданд. Ногоњ парда ба канор рафт ва шоњаншоњ дар рўи тахт зоњир шуд, ки бар болише зарбофт такя карда, љомаи зарин пўшида буд.  Тољи мурассаъ ба зару сим, марворид, ёќут ва зумурад ба василаи занљири тилло ба саќф овехта буд. Ин занљир чунон нозук буд, ки аз дур дида намешуд. Чун аз масофате шахс нигоњ мекард, мепиндошт, ки тољ воќеан бар сари шоњ ќарор дорад, дар сурате, ки ин кулоњ, чунон сангин буд, ки њељ саре тоби нигоњ доштани онро надошт. Вазни онро 91,5 кг. тахмин задаанд. Дар саќфи толор 150 равзана ба андозаи як кафи даст бо ангуштон (12 – 15 см) сохта буданд, ки нуре латиф аз онњо ба дарун метофт ва дар ин рўшноии асроромез манзараи он њама шукўњу љалолу таљаммул ашхосеро, ки барои дафъаи аввал ба ин љо ќадам нињода буданд, чунон моту мабњут мекард, ки беихтиёр ба зону меомаданд. Вале Аша Зардушт ба ин њама бетаваљљўњ нигарист. Баробари пайдо шудани шоњ бо камоли одоби ориёї таъзими зебое кард ва салом дод:
—Дуруд, шањи фархундарўзгор.
Дар назари Кайвиштосп симои ин мубад он ќадар шиносу гарму форам намуд, ки гўё солњо бо ў шинос буда, борњо бо њам сўњбат доштанд. Ва аз фуруњари Зардушт нуре падид омад, ки ў њама тахту тољи хусравиро фаромўш кард ва пас аз шиносоии расмии Љомосп ба сўњбати тўлонї пардохт. Зардушт њам ўро шинохт, зуд ба ёд овард, ки њамон шикорчиест, ки дар кўњ, дар маъбади ў барои барори шикор аз эзадон баракат хоста буд.
Сўњбат то як поси шаб идома ёфт. Кайвиштосп бо шубња аз Ашу Зардушт пурсид:
—Бигў, то бидонам, ки аз Ростї кадом роњ бароям бењтар аст?  Аз Маниши нек огоњ гардон, то дарёбам, ки бар мани «ростгуфтор» чї рўй хоњад дод ва чї рўй нахоњад дод?
—Бењтарин некї ба донишманде бирасод, ки паёми ростини маро, аз Ростиву Дўстї ба Расої ва Љовидонї мерасонад, ба мардум бигўяду бифањмонад. Барои касе Шањриёрии Худои Доно дар партави Маниши нек густариш пайдо хоњад кард. Њангоме, ки ўро дар андешаи худ дар сароѓоз ва саранљоми офариниш шинохтам, бо дидаи дарунї дарёфтам, ки ба Ростї Ањура Маздо падари Маниши нек, офарандаи Ростї ва сарпарасти корњои зиндагонї аст. Оромиш аз Ўст, Хиради љањонофарин аз Ўст ва Ўст, ки љањонро роњ намуду Озод гузошт, то агар бихоњад, касеро баргузидан, ки ободгар аст, вагарна рўй ба касе бибарад, ки бо ободї ва шодї коре надорад.
—Инак, аз ту мепурсам: «Чињо мешавад ва чињо хоњад шуд? Ояндаи касоне, ки аз  Ростї пайравї мекунанд, чист? Боре, саранљоми кор чї хоњад буд?» Кадом роњ бењтару бартар аст, он ки росткор бармегузинад ё он ки дурўѓкор? Ин суханро бояд донишманд ба донишљў бигўяд, то дигар касе, ки бедониш аст, мардумро нафиребад.
—Пас њељ кас аз Шумо ба оину омўзиши дурўѓкор гўш надињад, зеро ў бегумон хонаву ободиву шањру кишварро озор ва осеб мерасонад ва низ марг меоварад. Пас ўро ба љангафзор чунон дуруст кунед, ки аз кори худ боз гардад ва ба роњ ояд.
—Маниши некро ба мо бинамо. Худованди яккаву ягона Ањура Маздо чї тавоноие  дорад, ки тамоми  љањонро офарад? Сурати худоро ба ман нишон дењ.
Зардушт аз рўи миз чанд донаи гандумро гирифта дар баробари чўби хушкидаи уд ва гули шукуфон гузошт.
Гуфт:
—Мебинї, шањо, донаи гандум аст, худованд онро њаст карда. Донаи сахтро сабз ва ба нињоли пурбаре мубаддал мекунад, сипас чўби хушке мекунад. Ин њамаро як ќувваи бенињоят бузурги илоњї бикунад. Ин њама сурати худост, ин њама сирати худост, ин њама тавоноии худованди яккаву ягона Ањура Маздост.
—Пас, манзалаи шоњу дарвеш якест, дар рабти кори љањон њељ аст?
—Мардумї соњиби панљ ќувваи ботинист: Ању—неруи ѓаризавї, ќудрат, Бауда, бўй— ќувваи идора ва фаросату заковат, Урвана-рўњ, равон, Даена, дин—виљдон ва эњсоси масъулияти ў, Фуруњар—фариштаи њамоњангии љисму равон, пазириш ва гувороидани ѓизо. Аз ин панљ  ќувваи ботинї пас аз марг Ању ва Бауда бо нобудии љисм аз байн мераванд, Фуруњар чун фиристодаи осмон аст, боз ба он љо уруљ намуда ба олами фуруњарон мепайвандад. Дар муњокимаи зиндагиномаи инсон Даена, ё виљдон, ва Урвана, ё равон ширкат мекунанд.
Аша Зардушт мухтасар аз таърихии офариниши олам то ниёгони дирўзаи ориёї њикоят кард. Ќудрати мантрахонии Аша Зардушт чунон пурзўр буд, ки њамаро чун рўйдоди зинда пеши назар меовард ва ба шоњ Виштосп чунин намуд, ки њар он чи Зардушт мегуфт—эзадон, девон, мардумон, њама аз пеши назараш гузаштанд. Махсусан ба шоњ таърихи рўзгори шоњ Љамшед аљиб намуд.
Кайвиштосп пурсид:
—Аз чист, ки шоњ Љамшед бо он њама бузургиву доної хор гардид?

71. ЊИКОЯТИ ЉАМ

Љам-Йима-Йема, ба маънии дугона, њамзод, Хшаета-шед—дурахш, нур, љило, фурўѓ аст. Љамшед подшоњест, ки дар давраи зиндагии муштараки њиндуориёињо шањриёрї кардааст ва бузургтарин шоњ аст, ки рифоњату саодати мардумро аз њар чи бартар дониста, ба онњо роњу равиши зиндагї омўхт, љомеаи одилона барпо кард, мардумонро аз фалокатњои табиї рањонд, наљот дод, бо маслињатњои Ањура Маздо љањонро фарохї бахшид.
Ањура Маздо ба ў ду рамзи њокимият—сувра ва аштраи заринро таќдим кард. Дар шањриёрии Љам на сармо буд, на гармо, на пирї, на марг, на рашки девофарида. Ва нахустин паёмбариро Ањура Маздо бар ў супурд, вале Љамшед рад кард, ки њанўз ман ба ин омода нестам:
—Ман зода ва омўхта нашудаам, ки диногоњ ва динбурдори ту дар љањон бошам.
Он гоњ Ањурамаздо ўро гуфт, ки пас љањони офаридаи маро фарохї бахш, љањони маро биболон ва нигоњбони он бош.
Ва Љам барандаи шањриёрї гашт. Замоне аз шањриёрии Љам сесад сол гузашт, ин замин пур шуд аз рамањо, њайвонот, мардумон, сагон, паррандагон ва оташњои сурхи сўзон. Рамањо, њайвонот ва мардумон дар ин замин дигар барои худ љой наёфтаанд, замин тангї кард.
Пас бо маслињати Ањура Маздо Љами зебо љониби рўшанї, ба сўи нимрўз ба роњи хуршед рањсипор гардид. Ў ин заминро бо суврои зарин бисуфт ва аштраро ба он сў карда, аз замин хоњиш кард, ки дароз равад ва бештар фарох шавад, то ки  рамањо, њайвонот ва мардумонро бурда бошад. Пас, замин сеяк баробар беш аз он чї пештар буд, фарох шуд ва он љо рамањо, њайвонњо ва мардумон бо майли хеш рањсипор гардиданд. Ва боз ду маротиба—замоне, ки ба шањриёрии Љам шашсад зимистон гузашт ва боз замоне, ки нўњсад сол гузашт, ин замин пур шуд аз мардумон, рамањо, њайвонот, паррандагон ва оташњои сўзон, Љам бо маслихати Ањура Маздо  боз заминро фароз кард ва ин заминро аз се њисса беш аз он чї пештар буд, фарохї бахшид ва бад-он љо рамањо, хайвонот ва мардумон рањсипор гардиданд.
Офаридгор дар Айирйана Ваељањи номдор, дар каронаи рўди Даитйаи нек бо эзидони менуї анљуман орост ва ба Љам гуфт:
—Ай Љами зебо, писари Вивангњон, бадтарин зимистон бар љањони моддї фуруд ояд, ки он зимистони сахти маргвор аст. Барфњо борад то баландтарин  кўњњо, ба баландии Ардви. Пас аз он зимистон барфу ях об шуда, тамоми рўи заминро фаро гирад. Ту «вара»- бузурге бисоз ва тухмњои рамањо, њайвонот, мардумон, сагон, паррандагон ва оташњои сурхи сўзон ба онљо бубар барои зистгоњи мардумон, барои истабли говону гўсфандон ва ба онљо обњо бибар, дар онљо марѓзорњо бирўён, њамеша сабзу хуррам, њамеша хўрданї ва кам нашуданї… ва дар он љо хонањо бисоз, хонањои баландсаќф, болохона ва пиромуни он хонањои тобистона ва ба онљо бузургтарин, бењтарин ва некўтарин тухмањои наринагон ва модинагони рўи замин, некўтарин тухмаи чорпоёни гуногун, тухми њамаи растанињоеро, тухмаи њамаи хўрданињоеро, ки дар замин аз њама хўрданї ва хушбўйтаринанд, љамъоварї намо. Ва онњоро љуфт – љуфт кун ва аз миён норафтанї, ононро, ки дар «вара»  монданд.
Мабод, ки кўзапушт, кўзасина, бепушт, бехирад, беѓайрат, фиребгар, фурўмоя, бадандом, дандонпўсида, пес, танпарвар ва њељ яке аз нишонадорони Ањриман ба онљо роњ ёбад.
Ба он болотарин љой нўњ гузаргоњ кун, ба он миёна шаш ва дар он поёнї се. Њазор тухмаи наринањо ва модинањоро дар гузаргоњи болотарин, шашсадторо дар миёна ва сесадторо дар поёнї љой дењ. Онњоро бо сувраи зарин мўњр намо ва дар он вара дар ва равзани худравшан аз дарун биншон.
Љам бо худ андешид, ки чи гуна ман ин вараро бисозам? Ањура Маздо ба ў гуфт: Ай Љами зебо, писари Вивангњон! Ин заминро бо пошна мулоим ва ба даст нарм кун, ба он гуна, ки акнун мардумон масолењро нарм мекунанд.
Он гоњ Љам чунон кард, ки Ањурамаздо хост:
Зардушт сўњбати худро бо Ањура Маздо ба ёд оварда њикояташро идома дод:
—Ман аз ў пурсидам:  «Ай офаридгори љањони моддї, ай Ањурамаздои ашаван, ай пок! Пас  он рўшанињо, ки дар хона-њои Вараљамкард партав меафшонанд, аз чианд?»  Он гоњ Ањурамаздо гуфт:
—Дар онљо падидор ва пинњон шудани ситорагон, моњ, хуршед як бор дар сол дида мешаванд. Онњо солро чун рўзе мепиндоранд ва дар онљо аз омезиши љуфти модина ва нарина дар чињил зимистон наринае ва модинае зода шаванд, њамчунин њайвоноти гуногун.
Ва ин мардумон дар хонањои Вараљамкард некзисттарини зиндагонанд.
72. ФУРУЊАР

Њикояти Љам ба Кайвиштосп таъсири амиќе бахшид. Аз наќши фуруњар дар тааљљуб шуд. Пурсид:
—Чаро фарри каёнї аз сари Йима, ё худ Љам дур шуд?
—На танњо шоњ Љам, чандин шоњони кайонии бофарр низ ба мисли Кайковус бо амали носавоби худ боиси коста шудани фарри каёнї шуданд ва ба мардумони кишвари худ ѓами гарон оварданд. Ва њазорон афсўс, ки ин шањи бузург  аз гунањкории бисёр комёб шуд ва бо чунин рафторе то бад-ин пояи номбардорї расид. Љами Вивангњон, ки барои хушнудии мардумон ва хештан худованди љањонро хор шумурд, гунањгор шуд. Ва фуруњар аз ў бозгашт.
—Чаро фуруњари бархе аз одамон зуд ба чанголи ситези девон гирифтор мешавад, вале бархе бо вуљуди мањрумиятњои зиёд дар рањи некию покї устувор мемонанд? 
—Дар љањони менуї фуруњари њар яке аз мардумон ва љонварон вуљуд дорад, ки равони мардумон њам гуфтан мумкин аст, вале вай бештар аз равони љисм аст, он фуруњаре, ки пеш аз падидоии њар инсон худованд офаридааст ва он безавол аст. Вале як гурўњи мардумон аз бехирадї ва кирдори нодуруст онро ба њалокат гирифтор мекунанд. 
—Фуруњари шоњу дарвеш якест?
—Дар гетї се намуди  фуруњар, ё хварра њаст: Ањурамаздо Хваренанг—фарри худовандї, Каваёнам Хваренанг—фарри каёнї, Аирянам Хваренанг—фарри Ориёї.
Ањурамаздо Хваренанг—Фарре аз Ањурамаздост, ки бад-он офаридагонро падид овард фаровону хуб, фаровону зебо, фаровону дилпазир, фаровону коромад, фаровону дурахшон. То онон гетиро нав кунанд пирнашуданї, намиро, пажмурда нашуданї, табоњинопазир, љовидон, фазоянда ва комраво.
Каваенам Хваренанг—фуруњари шоњон. Шоњ Йима—Љамшед соњиби фарри бузурги кайонї Хварена хшаета буд. Вале ваќте ки вай се гуноњи бузург кард—ба худхоњї, дурўѓгўї дода шуд ва гўшти ќурбониро истеъмол кард, аз фуруњари худ мањрум гашт.  Хварраи ў бори нахуст дар шакли уќоб ба сари шонаи Фаридун – нобудкунандаи Ажидањака нишаст, бори дуюм ба сари шонаи Мисра—фариштаи муваккали паймону муоњида ва душмани дурўѓ, бори сеюм ба шонаи Соми Гаршосп —пањлавони бузурги тамоми замонњо. Љамшед пас аз мањрум шудан аз хварра ба шахси ољизу њаќир, бепушту паноње мубаддал шуд. Пас аз Гаршосп, ки дарёфткунандаи охирини Хварра гардид, хварра аз шахсони људогона дурї љуста, ба мардумони алоњида дастрас нашуд.
Фаре, ки аз Кайхусрав буд, неруи ба њам хуб пайвастаашро, пирўзии Ањураофаридаашро, бартарї дар муборизаро…неруи саршорро, тандурустиро, фарзандони неки боњушро, фарзандони тавоноии донои хушсуханро, фарзандони далери аз ниёз рањонандаи равшанчашмро, огоњии дуруст аз оянда ва бењтарин зиндагониро…шањриёрии дурахшонро, зиндагонии дерпойро, дар њама љо пирўзиро њамаи дармонњоро дошт.
Фуруњари дигар Аирйнам Хваренанг—фарраи ориёист. Ањура Маздо гуфт:
—Ман фарри ориёниро биофаридам, ки аз сутур бархурдор, хубрама, тавонгару фарраманд аст, хиради некофарида ва дороии хуб фароњамомада бахшад, озро дарњам шиканад ва душманро фурў кўбад. Ањримани пургазандро шикаст дињад, хашми хуниндирафшро шикаст дињад, Бушоспи хоболударо шикаст дињад, яхбандони дарњамафсурдаро шикаст дињад, деви Апаошаро шикаст дињад. Ашии офаридаи ман њазор аспу рама офарад, фарзандони корозмуда оварад, Ситораи Тиштар ба љунбиш дар ояд. Онон  ситеѓи њамаи кўњњоро бањра дињанд, жарфои њамаи рўдњо ва гиёњони навдамидаи зебои сабзрангро тавони рўишу болиш бахшанд. Бубинед, ки Худованд ба мо, ориёињо роњи дурусти зиндагї—кишоварзї, чорводории дуруст, оќилона азхуд намудани табиат ва неъматњои зеризаминиву рўи заминї, ахлоќи љомеавиро хеле барваќт нишон додааст.
Неру гирифтани фуруњар ва ё коста шудани он  бо эњсоси масъулият ва љањони маънавии мардумон, бо дониш, виљдон, тарбия, озодї ва иродаи инсон робитаи људонашаванда дорад. Масъулияти ќабули њама гуна ќарори нек ё бад ќарор ба Рўњ аст, аз ин рў, вай дар охират дар маърази муњокима ќарор мегирад. Даена —неруи муњаррикаи хулќу одоби инсонї ќозии рўзи охират аст. Агар њама аз рўи даена—виљдон аз рўи масъулият амал кунанд, зиндагї бакуллї дигаргун шуда, мардумон ба муваффаќиятњои чашмгир ноил мегарданд
Кайвиштосп гўё дар олами ношиносе сайр мекард. Баъзе ин ќиссањоро дар наврасї аз забони устодон шунида буд, аммо афсонае мепиндошт вале њоло ба љиддият, фалсафаи амиќи он сарфањм мерафт ва масти сўњбату сухан ва тафсири аљиби Аша Зардушт шуда, пурсид:
—Пас, чизе битавонад фуруњари шоњонро нерумандтар гардонад?
—Бале, риояи њамаи он чизе, ки марбут ба вазифаи подшоњї дар баробари дини маздаясност, барои неруманд шудани фуруњари шоњон хидмат бикунад:
Аќли салим. Ахлоќи неку.Ќувваи авф ва худдорї аз њар гуна тањќир. Муњаббат нисбат ба раъият. Ќувваи тањияи осоиш барои раият. Шодї. Тазаккури доимии он, ки љањон гузарон аст.  Ташвиќи доимии лоиќон ва кордонон. Танбењи нолоиќон. Муносибати хуб бо роњбарони кишвар. Додани амрњои одилона. Доимї нигоњ доштани расми бори (ќабули)  ом. Сахо. Дафъи бухл. Орому бетарс доштани мардум. Машѓул будан бо илмњои дунявї. Назорат дар насби коргузорони мамлакат. Итоати том ба Худованд.
Шоњ аз ин суханњои Аша Зардушт ба андеша рафт. Ў њоло аз лаззати маънавии суханњои ин марди ситорагарм ба ваљд омада, бакуллї худрову тахту тољро фаромўш карда буд. Дарёфт, ки озодии бесарњади инсонро дар мањаки аќл ва маљрои солим гузоштан бењтар аст, то ки аќл эњсосотро назорат карда, шуур амалиёти носанљидаро пешгирї намояд. Зеро ки њар амали инсон аз тафаккур ва дарки дуруст ё нодурусти воќеият сар мезанад.
Виштосп бо тааљљуб гуфт:
—Пас, фуруњар на танњо рўшної, дурахш, саодат ва лаззату комронист. Он унсурест, ки инсонро инсон намуда, ўро дар пеши дигарон табиат, иртиќо мебахшад, љидду љањд ва кўшишњои вайро пурмаънї ва њадафманд месозад.
—Фуруњар—падидоварандаи муњитест, ки инсонро бо табиат дар њамоњангии олї ќарор медињад. Њар кас дар партави Аша ба худ бо андеша, сухан ва амали худ, метавонад неруи фуруњарро бештар намуда, баръакси он, бо худбинї, худхоњї, дурўѓ онро кам мекунад. Шахсе, ки хварра надорад ва ё аз он мањрум шудааст, дар њарду љањон њељ аст. Фуруњари тавоно фуруњарњои заифро тањти таъсири худ оварда, аз пайи худ мебарад.
—Пас, фуруњари ниёкони мо бо мо њастанд?
—Бале, аммо на њамаашон: касе, ки роњи зиндагии худро бо ростию дурустї љамъбаст намудааст, рўњ ё равони вай ба сафи азизони худо ворид гардида, дар идораи љањон ба Ањурамаздо ёрї медињад. Фуруњарони покону порсоён соле як маротиба, ќабл аз Наврўз ба хонаводањои пештараи худ баргашта, аз тарзи зиндагии бозмондагони худ огањї пайдо мекунанд. Агар ворисон ва бозмондагони онњо дар рањи худованд ва ободии љањон љода дурустро пеша карда бошанд, фуруњари онон боз ба осмон уруљ намуда, аз даргоњи худованд файзу баракати бозмондагони худро таќозо мекунанд.
 Аз фурўѓу фарри онон аст, ки обњо аз сарчашмањои хушкнашаванда љорист.
Аз фурўѓу фарри онон аст, ки аз замин гиёњњо аз сарчашмањои хушкнашаванда мерўянд;
Аз фурўѓу фарри онон аст, ки бодњои муфид аз сарчашмањои хушкнашуданї мевазанд;
Аз фурўѓу фарри онон аст, ки Хуршед роњи хеш мепаймояд;
Аз фурўѓу фарри онон аст, ки Моњ роњи хеш мепаймояд;
Аз фурўѓу фарри онон аст, ки ситорагон роњи хеш мепаймоянд;
—Оё худованд хостори он нест, ки фуруњари неруманд зиёд шавад?
—Фариштагони маънавии худованд дар талоши он њастанд, ки ин хислатњо зиёд шавад ва ба Ањура Маздо наздик мекунанд. Вале љањони моддї ва маънавї ногусастанї буда, яке бо дигаре пайванди људонашаванда дорад. Харобии моддї боиси нузули маданияти маънавї гардад ва пастии маънавї љањони моддии инсонро поён барад. Аз ин љост, ки Ањура Маздо орзу дорад тамоми пайравони худро то ба дараљаи баландтарини камолоту ашуї, то ба пояи худованди таъоло расонад.
Кай Виштосп чанде андеша кард.
—Ин њама суханњои ту писандидаанд, вале  наву ноозмуда. Туро мебояд, ки дар њанљаманаи сарони кишвар ва мубадон далелњои худро бигўї. Танњо пас аз ин мо метавонем њукми одилона кунем. Ку бубинем, фуруњари ту чи гуна туро њимоят бикунад.
—Нек бошад.
Љомосп ва Зардушт бархестанд.
Виштосп ба худ андеша кард:
—Дањйупатињои Ориёї дар сар фикри њукмрони якка шудан доранд. Ин Маниши бад аст, ин њамаи моро ба њалокат оварад. Мо ба парастиши Офаридгори Яктои Њастї пардозем, то дар љањон коре карда бошем.
Мавриди зикр аст, ки Фарраманд –Фрањманд, дар Авесто хваранвант, бархурдор аз Фарр, дорандаи Фарр буда дар гўйиши мардумони Тољикистон ин вожа дар таркиби сифати одами хастањолу мондашуда –бефарањ меояд.

Дар мавриди кеши Зардуштро пазируфтани Кайвиштосп ривоятњои зиёде низ мављуд аст, ки яке аз онњоро бароятон меорем:
«Гўянд Виштоспро борае (асп) буд каёнї, мавсум ба аспи Сиёњ, дар разм шањаншоњ бар ў нишастї…
Сапедадаме аспбони шоњ мебинад, ки аспи Сиёњ бе дасту по гашта ва дасту пои асп дар шикамаш фурў рафтааст. Шитобон назди ў рафта воќеаро мегўяд. Виштосп байторону табибон  ва њукамову уламоро мехонад то тадбире созанд. Аммо кўшиши онњо суде намебахшад. Аз ќазо он рўз ба Зардушт то шом хўрок намебаранд. Баъди шом њољиб хўрок оварда, њаќиќати аспи Сиёњро наќл мекунад.
Зардушт ба њољиб мегўяд:
—Бомдод ба шоњ бигў, ки ман чораи ин кор кунам.
Рўзи дигар Виштосп ба њољиб супурд то Зардуштро њозир созад. Виштосп ўро назди худ љо дода, њаќиќати аспро бозгуфта, фармуд:
—Агар з-он ки бешубња пайѓамбарї,
  Мар –ин аспро ба исор оварї.
Зардушт гуфт:
—Њар гоњ аз ту чањор кор бар ояд ва ба ин паймон кунї, он гоњ чањор пойи аспро ба ислоњ оварам.
Шоњ гуфт:
—Пазируфтам. Он кадом аст?
Зардушт гуфт:
—Эй шањриёр, њама забону дил яке созед ва ба забон ореду ба дил гаравед, ки ман бешубњаву шак пайѓамбар ва фиристодаи яздонам.
Гуштосп пазируфт. Пас Зардушт ба пањлуи рости асп даст молид. Дасти рости асп берун омад ва шоњу лашкариён бар ў офарин хонданд. Баъд аз ин Зардушт ба дини худ имон овардани писари шоњ Исфандиёрро пеш гузошт. Шоњзода сар напечид ва ањд устувор сохт.
Зардушт дуо хонд то пои рости асп берун омад. Сипас њамроњи шахси амине ба њарамсарои шоњаншоњ назди бонуи бонувон Катоюн омад. Бонуи бонувон низ аз дилу љон ба вахшури Яздон гаравид. Аз ин сипас Зардушт дуо кард, то пойи дигари асп берун омад».
Ногуфта намонад, ки хамосањои ривоятиву асотирњои бостонї, њам дар сарчашмањои таърихиву солномањои куњан Бохтари ќадим Тахористон ва Хутталон ватани  аспњои хушзот, чобуку даванд ва зебову ќавипайкар эътироф шудааст. Муаллифони таърихномањои аттиќа, солноманависони Бобулу Ошур, сайёњону роњнавардони кишвари Чин ва нињоят, таърихнависону воќеанигорони араб дар тафсири аспњои бохтарї, тахорї ва хутталонї махсус истода, пайкари рехта, ќаду ќомати зебо ва чобукию давандии ин аспњоро  ситоиш кардаанд.
Аслан, њам аспњои бохтарї, њам аспњои тахорї ва њам аспњои хутталонї аз як решаву зуриёт буда, дертар дар заминаи падид омадани  давлати Тахористон ва Хутталон дар њудудњои Бохтари ќадим бо ин номњо шўњрат ёфтаанд. Ба ќавли бохтаршиносон њудудњои Хатлону Ќубодиён, Њисору Тирмиз, Вашгирду Бадахшон, Суѓду Самарќанд, Бухорову Марв то канорањои Тўсу Нишопуру Сарахс ба ќаламравми Бохтари ќадим (сипас Хуросону Мовароуннањр) мансуб буда, вобаста ба њангомањои таърих мулкњои канортари он гоњ аз даст мерафтанду гоњ ба ин давлати тавоно аз сари нав њамроњ мешуданд. Њар чи њам набошад, марзњои Балху Хутталону Ќубодиён чун дили ин давлати тавоно шўњрат дошт ва дар њама имтињону озмоишњои талху ширини таърих њамќисмату њамтаќдир буданд. Ва шубњае нест, ки ин аспњои овозадор ва кишваркушой њангоми сокин шудани тоифањои ориёї дар ин сарзамин мавриди парваришу навозишг ќарор гирифта, аз онњо наслњои тоза, зотњои нав ва намудњои бењтари аспњоро падид овардаанд, ки бо номи аспњои бохтарї шинохта шудаанд.
Муаллифони ањди ќадим аспњои ин ќаламравро ба зоти «аспњои осмонї» ва «аспњои обї» мансуб дониста, аз неруи эзидї ва ќудрати илоњї бањравар гардидани ин аспњоро зикр намуданд. Кор баъзан то љое кашидааст, ки ин аспњоро зоти аспњои «болдор» хонда, чобукиву давандиашонро ба ќанотњои ноаён нисбат медоданд.
Вале аксари муњаќќиќон бар онанд, ки чунин ривоятсозињо сохтакориянд ва Аша Зардушт танњо бо донишу заковати бемонанди худ тавонист кеши худро дар дилу дидаи шоњ, ашрофону вазирон ва мардум љой дињад. Ва роњи бењтарин - имтињон дар Анљумани кишвар буд.

73. ЊАНЉАМАНА. ИМТИЊОН

Дар ќасри шоњ њанљаманаи њокимони вилоятњо—дањйупатњо, состарњо, зантупатињо ва саркоњинон бо Зардушт баргузор гардид. Толор даврашакл буда, дар њашт гўша тоќе дорад. Раиси анљуман— худи шоњ Виштосп аст. Малика низ њозир аст. Аз љониби ањли дарбор бидахши бузург—сарвазир Љомосп барандагї мекунад. Њокимон њар кадом љойи худро дошта, дар сухан ва ќурби овоз баробаранд. Дар хилъату кулоњи онњо нишоне аз эзадњои парастишкунандаашон, эзадони нек, ё девон мављуд аст.
Дар Ориёнои бостонї масъалањои муњимтарини умумихалќї дар Њанљамана—Шўрои сардорони ќабилаву вилоятњо њаллу фасл мегардид. Раиси Њанљамана –шоњ, ё Хшаянт буд.  Маънии занту—ќабила, Зантупатии—сарвари ќабила, Хвайту—худињо, Вийањи—анљуман, Шойтра—вилояти сукунати ќабила, Дањйу—вилоят, мулк, Дањйупати—волии вилоят, мулк. Дањйума—волии вилоят ва рўњонї аст. 
Мувофиќи ривоятњо, бањси Аша Зардушт бо њанљамана муддати зиёд тўл кашид. Давомнокии онро бархе  ду сол, баъзеи дигарон чањор сол гўянд.
Ва њоло Аша Зардушт бо вакилони њанљамана бањс мекунад. Њама бо диќќат
ба суханњояш гўш медињанд. Дар аввал бисёрињо беэътиборона ва ѓурури хос ва шахси ба худ ва аќидаи худ сахт бовар дошта гўш медињанд.
Саволњо эътирозомезанд.
Аша Зардушт низ бо эътирози ќатъї сухан меронад:
—Танњо Ањура Маздо офаридгор аст.
Саркоњини кулли Бохтар Рад пурсид:
—Кист Ањура Маздо, ки бояд танњо ўро парастем?
Бендва низ шўрида савол дод:
—Маздо моро аз хоку обу маъдан сохтааст, чаро Обу Заминро худо нахонем?
Каршназ—дањйупатї ва пайрави маљусия дафъатан бо тааљљуб аз љой бархест:
 —Љони мо аз Оташи Мењр  аст:  њама рўзгори мо аз оташ ранг гирад. Замоне, ки оташ вуљуди моро тарк кунад, тани мо сарду пажмурда шавад. Пас, чаро оташро худо нахонем?
Зардушт табассуме карду гуфт:
—Свастика—нишонаи чањор охшиљи ба њам омезишёфта аст.Чањор охшиљ—хоку бод, обу оташро Њастибахши якто Ањура Маздо офарид ва аз пайвастани он њаётро падид овард.—Њарчанд табиати эшон ба њам зид  аст, аз наздикшавии онњо њаёт падид меояд ва аз гардиши Замин чањор фасли сол ба вуљуд омад. Омезиши  чањор унсур табиати одамиро, рукнњо, чор чизи навро ба вуљуд овард: Њаво бо оташ омехта, хунро тавлид кард, Хун рукнњои оташ—гармї ва об—тариро гирифт. Оташ бо хок омехта, сафроро ба вуљуд овард, ки табиаташ гарму хушк аст. Замин бо об омехта савдоро ба вуљуд овард, ки сарду хушк аст. Об бо њаво омехта балѓамро тавлид кард, ки сарду тар аст. Ситораи њаштгўша—наќшаи пайдоиши олам ва њаёт аст. Бе омезиши чор унсур њаёт набуд ва њар гўшаи онро ба њам пайвандем, доира пайдо шавад. Ва чуноне, ки вуљуди доира ба њам пайваста аст, њама мављудот ба њам пайвастаанд.
—Пас оташу замину обу њаво њам бояд эзад бошанд?
—На. Ин чањор охшиљро Њастибахши якто Ањурамаздо аз хиради худ ва бо илми худ офаридааст. Аввал Ањура Маздо аз санг пардаи осмонро сохт ва ба он ситорањо ва хуршеду моњро пайваст, сипас онро бо об пур кард ва дарёбори Ворукаша падид омад. Ва Заминро дар байни обњои ин дарёбор њамчун зардии тухм дар байни тухм љой дод, нури оташро аз рўшноии абадии бињишт—Анаѓранам Раучана гирифт. Обу оташу боду хок бо каромоти худованд мояи њаёт гардиданд, вале эзад нестанд.
Зантупатии сакої аз Дрангиана (Сакистон) норозї шуд:
—Пас, замин гирд аст, на рост?
—Бале. Чун зардии тухм аст дар миёни обњои љањон. Аз ин љост, ки замину обу оташу бод ёрмандони худованданд ва танњо як худованд, як эзид—Ањура Маздоро мебояд ниёиш ва ситоиш кард.
 Саррўњонї Рад аллакай хабар дошт, ки шоњ бо Зардушт сўњбати нињонї дошта ба ў бетафовут нест ва чун дид, ки шоњ ба сухани Зардушт бо таваљљўњ гўш медињад, аз фурсати мувофиќ истифода бурда, тамаллуќкорї кард:
—Пас, худованд ва эзадони нек мисли љомеаи моянд?—Њар оила сарваре дорад, вале оилањо дар занту—ќабилањо муттањиданд ва зантуро зантупати идора кунад, дар навбати худ зантуњо ба дањйуњо ва шойтрањо муттањид мешаванд ва њокимони онњо дањйупатињо бошанд. Ва дањйуњо ба хшатра—сарзамини ягона муттањид мешаванд ва онњоро хшаянт—шоњ идора мекунад.
Ин маънї ба кай Виштосп писанд омад ва гуфт:
—Бале, кори љањон чунин мебояд.
Бендва, ки то ин замон бо њайрат гўш мекард, барошуфт ва эътироз кард:
—Он чї дар њаќќи эзадон мефармої, ќабул аст, аммо чаро девон дев Ањриманро аз ќатори худоён мебарорї? Ва ў на мўљиби барандохтан аст, балки шоистаи ситоиш ва ниёиш. Њар чизе, ки нахуст Ањуро Маздо офарид, акси онро Ањриман офарид. Агар мо Ањримани пурќудратро ситоиш накунем, њоли моро табоњ гардонад!  Мебояд, ки аз девондев Ањриман бо парастиш осудагї талабем.
—Модоме ки Ањриман офарандаи девони табањкор ва бадист, ўро мањкум мебояд кард, на парастиш ва ниёиш. Вале Ањриман ва девони вай танњо дар пиндори шумо вуљуд дорад, ѓайри хаёли бимноки шумо чизи дигаре нестанд.
Бендва гаранг шуда хомўш монд. Рад ба ёрии Бендва омада гуфт:
—Вале Ањриман девњои зиёдеро офарид ва боиси ѓазаб, нофармонї, бенизомї, зўроварї, ќатлу куштор гардид, илњомбахши роњзанњо, хуљуми кўчиён бар дењагон ва рабудани чањорпоён, хоста ва афзори дењќонон шуд.
—Онњо дар куљоянд? Куљост макони онњо? Бидуни њуш, дил ва маѓзи сари мардумон онњо маконе надоранд, сурате надоранд, пас вуљуд надоранд.
—Осори девњо дар њама љой њаст!
—Агар бошад, ба ман намоед. Њамроњ ононро дар банд андозем.
Рад боз ба хотир овард:
—Замоне, ки Ањриман бо девонаш натавонист бар Ањура Маздо чира шавад, муддате хомўш монд, вале љањонро ноаён аз дарун фосид намуд. Девонро дар шакли њавасу хоњишњои зишт ба дили одамї љой кард.
—Пас, бидонед, ки девон чизе нестанд ба љуз хоњишњои зишти тани мо—нафс, шањват, кина, хашм, зўроварї. Ва ин сифатњоро мебояд дур андозем, на ин ки парастиш кунем.
—Агар воќеияти девон чунин оддї ва офарандаи якто ва тавонои њастї Ањура Маздост,чаро натавонад бадиро худ нобуд кунад?
—Бидонед, ки набарди Ањриман бо эзадњои нек нўњ њазор сол бошад ва њоло идома дорад; одамони ашавани дурусткори некандешу некгуфтору неккирдор неруњои некро зиёд кардаанд, вале дуруљвандон низ бо омўзишу роњбарии нодуруст лашкари Ањриманро пурра кардаанд. Ва ин талоши неку бад, Ањриман ва Ањурамаздо, девон ва изадон имрўз, ин соат низ, бо њар кадоми мо идома дорад. Ба жарфи дили худ бингаред, бубинед, ки дар дили шумо њоло њам маниши бад ва њам маниши нек љой шуда. Ва њоло моро мебояд, ки њавасњои ањриманиро аз дил биронем ва ба Маниши нек, ба Ањура Маздо рўй оварем.
—Ањриман бо чї одамонро фирефта ба дужангњу мебарад?
—Бо моли барзиёд ва  камбизоатї, девњои њарисї, шубња, њасад мефиребад.
—Аз чї вай шод мешавад?
—Аз душмании одамон.
—Кадом кирдораш барои худи Ањриман гарон аст?
—Ваќте ки рўњи (љони) касеро медуздад ва онро нобуд мекунад.
—Некї ба кї расад?
—Бењтарин некї ба касе мерасад, ки роњи рости пешравиро менамояд. Бишавад, ки ў дар зиндагонии моддї ва минуї, ки ба Ростї ба љойгоњи Худої бирасад, зеро ў чун Худои Доно, пешрав, озода ва афзоянда мебошад. Вале бузургии Ањура Маздо њамин аст, ки бо дастњои худ ёрї мекунад ва аз партави фурўѓи худ подош медињад ба њар ду гурўњ, њам дурўѓкор ва њам росткор. Вале дар оќибати корњо Ў барои гуфтору кирдор подош гузоштааст: Бад бад мебинаду нек подоши нек меёбад. Низ дарёфтам, ки аз њунари Ўст, ки ин дастур то поёни дигаргунии љањон њамчунон хоњад монд. Бењтарин роњи андешидан дар оромишу хомўшї аст. Њељ одами пухтакоре набояд хушомадгўи дурўѓкор бошад, зеро онон њама росткоронро бад мешуморанд.
Сипањсолор Бендва аз он, ки ин кеши нав ба ў писанд нест, вале чизе бар зидди он гуфта наметавонад, дарѓазаб шуд ва ба зўрї оѓоз кард:
—Ман рўза мегирам дувоздањ моњ, парњез мекунам аз гўшти мурдор, тањорат мекунам бо об, ва ниёиш мекунам. Фарќ миёни дини ману дини ту чист? 
—Ман парњез мекунам аз гуноњ ва тањорат мекунам бо кори нек.
Бендва боз дар љавоб хомўш монд.
Як гармї дар чењрањои њозирин пайдо шуд.
Фрашаоштра пурсид:
—Эй Зардушт, Ањура Маздо пеш аз ту ба касе аз мардумон вањй дода буд?
—Пеш аз ман Ањурамаздо ба нахустин шоњи пешдодї Љамшед дини бењинро фароз кард. Аммо Љамшед гуфт, ки ман омўхта нашудаам ва мардумон њанўз омода нестанд, ки диногоњу динбурдори ту дар љањон бошанд. Бо вуљуди ин, худованд накўињо арзонї дошт, ва фараи нек бахшид. Вале ваќте ки шоњ Љам шубња кард, фуруњар аз ў бирафт ва ба дасти дигарон афтод ва ошўбњо ба амал омаданд.
—Фуруњар чист?
—Номи панљумин неруи менуии офаридагон аст, ки пеш аз офаридани гетиёна ва њастии тан вуљуд дорад ва пас аз марг низ пойдор мемонад. Вай танњо аз ашаванон, порсоён ва ростипарвароаст. На танњо мардумон, балки њамаи офаридагони заминї ва оташу обу гиёњу љонварон низ дорои фарраи худанд, ки аз онњо нигоњбонї ва посдорї мекунанд.
Малика Њутаоса бо камоли адаб пурсид:
—Бигўй, ки маќоми занон дар дини овардаи ту чї гуна аст?
—Мардњо ва занњо озоданд ва баробаранд, метавонанд озодона дини Маздоясноро баргузинанд ва бо пиндору гуфтору кирдори нек дар Гарудмон љой гиранд.
—Пас, бењтарин дин аст.
Бендва барошуфт.
—На! Бињишт танњо барои ашрофзодагон, сипоњиён ва коњинон бошад.
—Дар бињишти Гарудмон танњо мардону заноне љой гиран, ки бо мардумон бењтарин рафторњоро дошта бошанд. Аз њар одам корњои неки ў пурсида мешавад ва шояд шањривари ашрофзодаи сарватманде ба дужангња-дўзањ раваду як шубони оддї бо корњои некаш ба Гарудмон роњ ёбад.
Рад пурсид:
—Ањура Маздо аз мо чї мехоњад?
—Яздон ба љомеаи  сарсони мо, ки аз илољи кор дармондаем, роњи зиндагии дуруст—кишоварзї, чорводорї, ахлоќи љомеавиро нишон медињад. Ва имрўз ба мо  Ањура Маздо имкон додаст, ки озодона роњи Аша—дурустї ва дини бењинро пеш гирем ва бо хиради менуї худрову љањонро аз офатњо наљот бахшем. Шитобем, ки фардо дер мешавад.
—Фалсафаат зебост, вале мо натавонем бе парастиши девон осуда бошем. Зеро ки девњо пайваста моро азият дињанд ва нагузоранд, ки рўзи хуше дошта бошем.
—Девони фиребкору касоне, ки ононро мепарастанд, њама тухмаи каљандешї ва дурўѓи беарљї њастанд, мардумро аз сармояи гаронбањои Андешаи нек бозмедоранд. Бидонед, ки омўзгори бад суханони динро бармегардонад ва бо ин бадомўзии худ зиндагонии хирадмандонаро табоњ мекунад.
—Вале девон дар дили мо, дар пањлуи мо њазорсолањо вуљуд доранд ва онон вису ќабилаи моро хароб мекунанд, чї мебояд кард?
—Ба мо девонро нишон дињед, то ононро забун кунем.
Дар байни аъзои њанљамана тааљљуб ва умеде пайдо шуд. Умед ба он ки ин марди некдил тавонад оќибат девњои садсолањо бар сари онњо азобу касифињо оварандаро барњам занад. Вале алъон ин суханест касе нашнида ва амалест касе надида. Бинобар ин њама дар фикри он афтоданд, ки ин таљрибаи аввалро бо эњтиёти тамом анљом дињанд ва худ шоњиди њодиса шаванд. Байни худ гарму љўшон муњокима карданд ва оќибат ба як ќарор омаданд:
—Ба мавзеи Девдара мебояд рафт.
Тавре ки зикр шуд, мувофиќи гуфтањои донандагони њол, бањси Аша Зардушт дар њанљамана муддати зиёд—ду сол, ё чањор сол давом кард. Ба гумони мо, борњо ин бањси аљиб аз толори њанљамана баромада, дар ќуллаи кўњњо, домани сањро, соњили дарёњо идома меёфт.

74. ДЕВОНИ ДЕВДАРА

Кўњистон. Мавзеи Девдара. Шом, дар кўњистон хуршед зуд ѓоиб мешавад. Дањшат аз њисоби ќуллањои баланду садоњои дарёи кўњї падид меояд. Аша Зардушт њамроњи Бендва, Заут ва чанде мардони маъданков ва оњангар ба ин љо омаданд.
Бендва ба Зардушт гуфт:
—Дигар намеравем. Он тараф куноми девон аст.
—Ман танњо меравам. Бо худ фаќат асоямро мегирам,  аз барои храфастра. Ин њалќаи зарринро дар ќуллаи кўњ мегузорам ва бармегардам. 
—Нек бошад.
Њамроњон истоданд. Аша Зардушт рафт. Пас аз чанде торик шуд.
Нафаре бо тарс гуфт:
 —Мањалли омадани дев даррасид.
Садоњои гуногуни дањшатнок баланд шудан гирифт.
—Ана, дев омад…
Овози нолиши шаѓолони зиёд ба садои мудњиш њамроњ шуд. Тарси њозирин бештар гардид. Тоќат накарда њар гуна тахмину фаразия пешнињод карданд:
—Девон ба Зардушт њуљум мекунанд.
—Њайф шуд ин марди хирад.
—Дар хонаи сангин паноњ баред.
Њозирон ба хонаи калони сангин даромаданд.
Аз болои кўњи сангини  Девдара ѓорњои пурдањшат ва љарии ростфаромадаи зераш дарё намудор аст. Шамол аз байни дараи хеле танг ва шахњои бузурги сангини байнашон тарќишу сўрохдошта бо шаст гузашта, садои дањшатнок ба вуљуд меоварад. Аша Зардушт рўймолеро партофт, шамоли тез онро чун моњї аз байни дараи танг гузаронд.
Зардушт табассум кард.
—Ана сирри девон дар чист…
Аша Зардушт ба ќулла баромад. Њалќаи тиллоро ба дарахт баст ва баргашт.
Дар Хонаи сангин њама бо тарс нишастаанд. Њар яке аз онњо то андозае худро гунањгор медонад:
—Хато шуд, ки ўро танњо гузоштем…
—Овози девон баландтар мешавад.
—Девон аз дидани луќмаи хом—Зардушт шодї мекунанд…
Дар айни ављи садоњои девон Аша Зардушт омад. Лањзае њама гаранг шуда, худи ўро дев пиндоштанд.
Аша Зардушт ба њама салом дод:
—Дуруд, дўстони худо.
—Сињат баргаштї!
—Пас, чизе нест?
—Ѓайри пиндори зишти бархе девдўстон чизи дигаре нест. Девдара зеботарин макон аст. Аз сўрохии байни сангњо шамол гузар мекунад.   
—Чї хубе!
Маъданковон, аз сињат баргаштани Зардушт шод шуданд, дигарон њам шод шуданд, њам ѓамин. Зеро ки минбаъд њар як сухани Зардушт чун аќидаи гирои шахси дар мубоњисаи тунд дастболошуда садо медод:
 —Он кас оини покро табоњ мекунад, ки нигаристани љањону хуршедро бо чашмони равшан аз бадтарин корњо мепиндорад ва некандешонро дар баробари дурўѓкорон мегузорад ва бар дурусткорон шамшер мекашад. Њамчунин касоне зиндагиро табоњ месозанд, ки дурўѓкоронро чун мардону занони нек номвар менамоянд, дороии мардумро мерабоянд ва росткоронро аз бењтарин андешањо бозмедоранд.
Оњангарону маъданковон бештар шод шуданд ва иброз намуданд:
—Ашу Зардушт девони Девдараро тасхир кард!
Онњо ба Аша Зардушт асои зебои говсаре њадя карданд, ки нўгаш чун њилол аст ва барои доштану нобуд кардани храфастра—мору каждуми зањрнок мувофиќ гардонида шудааст.
—Ин њадя аз мо, маъданковон.
Бендваи девпараст ошуфта гашта гуфт:
—На, девњо вуљуд доранд. Дирўз хабар омад, ки деви маргу беморї  Гарї ва деви гадої Драйви ба дењкадањои њавзаи Марѓоб њуљум овардаанд. Њар марду зани солиме, ки ба банди онон гирифтор гардад, филњол бемор шавад ва то субњи дигар зинда намонад.
—Меравем. Ман он девон бибандам.
Зардушт, Бендва Рад ва чанд шоњиди дигар ба дењи офатзада омаданд.
Осори бемории сирояткунанда њукмфармост. Зардушт ба кўзае аз рўди сарбастаи ифлос об гирифт, дар он моњии солимеро партофт. Пас аз чанде дар моњї осори хастагиву беморї пайдо шуд.
Зардушт ба болооби рўд рафтан гирифт. Дид, ки њама ифлосихо аз хонањо ба рўд шорида меравад. Дар об њайвонњои мурда ва љисми бељони одамонро дид. Дар болоби он, дар буни кўњ ќабристони кўњнае дид, рўд маљрояшро дигар карда, аз байни ќабрњо ба худ роњ кушодааст.
Дар сояи дарахти бузурги чормаѓз сарварони дењот ва њайати њамроњони Зардушт гирд омаданд.Аша Зардушт масъалаи эњтиёт намудани табиат, њифзи муњити зистро ба миён гузошта гуфт:
—Обро изад мењисобед, вале њама наљосатро ба оби равон мепартоед. Зиёда аз ин, дар дењи боло барои кишт љўй кофта, оби рўдро ба нишебї фаровардаанд. Вале њангоми боронњои бањорї рўд маљрои худро дигар намуда, аз миёни мазори куњан ба худ роњ кушодааст. Он љо солиёни пеш беморони вабо мадфун шуданд. Пас, дарду бемории Шумо кори девон нест, балки оќибати вайрон кардани ќонунњои Аша ва њастии љањон аст.  Мебояд, ки оби рўдро ба маљрои аслиаш баргардонед, обро тоза нигоњ доред ва њама наљосатро аз дарё бардоред…
Бале, њар бањси вакилони њанљамана дар боби девон як фасли наве дар кори осоиши мардумон ва ободии кишвар гардид. Ва минбаъд бањсњо оњанги дигар гирифтанд. Мубадон ва дањйупатињо ба суханњои Аша Зардушт бештар бовар мекарданд, аммо касоне буданд ба мисли Бендва ва чанде дигар, ки њаргиз ба Таълимоти Нав сар фаровардан намехостанд.
Бањс дар њанљамана боз муддатњо идома ёфт, мавќеи Аша Зардушт хеле мустањкам шуда, сухани саросар иборат аз панди ў фазои толорро чун бўйи хуши уд пур мекунад:
—Касе, ки аз роњи Хиради афзоянда ва аз рўи Ростї, андешаву гуфтору кирдори худро ба бењтарин шева анљом медињад, Худои Доно ўро дар партави Шањриёриву Оромиш, Расоиву Љовидонї арзонї медорад. Вале дурўѓкор  аз мењри Ў бањрае барнамедорад зеро кирдори дурўѓкор  аз Маниши каљи ў берун метаровад.
Чун одат Бендва эътироз мекунад:   
—Мукофоти фармонравои нек бар Маздопарастон чист?
—Фармонравоии фармонравоёни нек бо корњое, ки аз донишу оромиши нек сар мезанад, тандурустиву шодмонї дар зиндагонї бењтарин некўї аст.
—Хости ту чист?
—Худоёни пиндориро нобуд мебояд кард ва мебояд, ки маздопараст бошем.
Ситояндаи афзояндагони љовидон њастам.
Гиромидорандаи афзояндагони љовидон њастам.
Худои донои хубу дорои хубиро сазовори њамаи хубињо медонам,
Он Худои ростини бофарру шукўњро, ки бењтарин чизњо аз ўст,
Љањони зинда аз ў,
Ростї аз ў,
Рўшної аз ўст.
Нахуст њамаи худоёни пиндорї зудуда мешаванд ва Ањура Маздо, Худованди љону хирад, Худои ягона хонда мешавад ва гўянда гаравидани худро ба дини зардуштї фароз мегузорам.
Ањура Маздо ягона офаридгор, кирдигору парваридгар аст ва буду набуд ва њасту нести офариниш бо ўст.
Ў сазовори њама хубист.
Ў  шоистаи њама ситоишњост.

75.  ВИЉДОН, ДИН, РАВОН

 Зантупатии сакої бо киноя ба Виштосп духўра карда пурсид:
—Шоњи каёнї њам ба санљиши эзад гирифтор шаванд?
—Бале. Шоњонро зарур аст, ки њавасњои худро назорат кунанд, ки пеши офаридгор љавобгарии шањон аз авом бештар бошад.
Њама бо тарс ба шоњ нигаристанд.
Ин нукта ба Виштосп чандон писанд наомад, вале њаќиќате эњсос кард ва тасдиќ намуд:
—Бале. Рањої дар пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек аст. 
Љомосп пурсид:
—Куљо хурсандї дар афзоиш аст? Куљо бахшоиш мешавад? Куљо Ростї ба даст меояд? Куљост Бењтарин Маниш?
—Куљост дигар ба љуз дар Шањриёрии Ањура Маздо аст, ки Худои Доно аз партави Шањриёрии худ ба касе, ки боиста ва вазифаи худро дар бораи љањон аз рўи бовар анљом мебахшад, бењтар аз бењ медињад. Вале касе, ки ин боистаро нодида мегирад, дар дигаргунии зиндагонї бадтар аз бад мебинад.
Бендва барошуфт:
—Дар ин њаёти кўтоњ чї љои гиру дор аст? Аз ашаванї чї суд ва аз дурвандї чї гила?
Аша Зардушт бо табассуми эзадї чизеро ба ёд оварда љавоб гуфт:
—Њангоме ки ашаване аз љањон даргузарад, дар шаби аввалу дувуму севум равонаш њамчанди њамаи зиндагони ин љањон хушї дарёбад. Пас аз сипарї шудани шаби севум сапедадамон ба равони ашаванмард чунин менамояд, ки худро дар миёни гиёњон ва бўњои хуш мебинад ва боди хуше ба сўи вай мевазад. Дар вазиши ин бод Виљдон–Дини вай дар пайкари дўшизае бар ў намоён мешавад: дўшизае  зебо, дурахшон, сапедбозу, неруманд, хушчењра, бурзманд, бо пистонњои баромада, некутан, озодаву нажода, ки понздањсола менамояд ва пайкараш њамчанди њамаи зеботарин офаридањои зебост.
Он гоњ равони ашаванмард рўй бад-ў кунад ва аз вай бипурсад:
—Кистї ай дўшизаи љавон, ай хушандомтарин дўшизае, ки ман дидам?
Пас он гоњ Дини вай ба-д-ў посух дињад:
—Эй љавонмарди некандеш, некгуфтор, неккирдор ва некдин! Ман Виљдон—Дини туям. Ин туї, ки маро дўст доштї барои бузургиву некиву зебої ва хушбўиву неруи пирўзманд ва тавоноии ман дар чирагї бар душман, ончунонки дар чашми ту менамоям. Њангоме, ки ту обњои неку озари Ањура Маздоро месутудї, ва ашаванмардро, ки аз дуру наздик мерасид, хушнуд мекардї, ман дўстдоштанї будам, дўстдоштанитар кардї, зебо будам, ту маро зеботар кардї, дилписанд будам, ту маро дилписандтар кардї, баландпойгањ будам, ту маро баландпойгањтар кардї.
Он гоњ равони ашаванмард нахустин гомро бардорад ва ба пойгоњи андешаи нек дар ояд. Пас дувумин гомро бардорад ва ба пойгоњи гуфтори нек дар ояд. Пас севумин гомро бардорад ва ба пойгоњи кирдори нек дар ояд. Ва саранљом чањорумин гомро бардорад ва ба Анирон—сарои фурўѓи бепоён дар ояд.
Ва Ањура Маздо чунин  гўяд: «Аз ў—аз касе, ки роњи пурњаросу сањмгин ва табоњро паймуда ва дарди људоии равон аз танро кашидааст, чизе мапурс».
Пас ўро хурише аз равѓани Заремайа оваранд. Чунин хуришест ашаванмарди некандеш, некгуфтор  ва неккирдору некдинро пас аз марг. Чунин хуришест ашаванзани некандеш, некгуфтор  ва неккирдору некдинро пас аз марг.
Бендва бо истењзо пурсид:
—Њоли дурванд чї шавад?
Аша Зардушт бо тамкини хос љавоб дод:
—Равони дурванд дар се шаби аввал саргашта ва парешон бар гирди пайкари ў сар мебарад  ва мепурсад: «Эй Ањура Маздо, ба кадом марзу бум рўй оварам, ба куљо биравам?» Пас аз сипарї шудани шаби савум сапедадамон равони марди дурвандро чунин  менамояд, ки дар миёни барфу яхбандон аст ва бўњои ганду нохушеро дармеёбад. Ўро чунин менамояд, ки боди гандогин аз сарзаминњои Апохтар ба сўи вай мевазад.  Он гоњ дар вазиши ин бод Виљдон—Дини худро мебинад, ки ба пайкари зане патёра, зишт, чиркин, хамидазону, њамчун палидтарин храфастрон ва гандидатар аз офаридагони гандида бад-ў рўй меоварад. Равони дурванд аз ў мепурсад:
 —Кистї, ки њаргиз зишттар аз туро надидаам?
Зан дар посухи ў мегўяд:
—Эй зиштандешаи зиштгуфтори зишткирдор! Ман кирдори зишти туам. Аз
нињояти озу аз бадкирдории туст, ки ман чунин табоњу базањкору ранљуру пўшидаву гандидаву дармонда ва дарњамшикастаам. Њангоме ки ту медидї касе ситоишу ниёиши изадонро мегузорад ва обу оташу гиёњу дигар офаридагони некро пос медорад, ту Ањриман ва девонро хушнуд мекардї. Њангоме ки ту медидї касе ба дигарон ёрї мерасонад ва ашаванони аз наздик ё дур расидаро чунонки бояд дар паноњ мегирад ва мењмоннавозї мекунад, ту тангчашмї мекардї ва дар ба рўи мардум мебастї. Ман нописанд будам, ту нописандтарам кардї. Њаросангез будам, ту њаросангезтарам кардї. Ман дар Апохтар љой доштам, ту бо андешаву гуфтору кирдори бади хеш маро беш аз пеш ба сўи Апохтар рондї. Гумроњшудагон аз он, ки чанде фармонбари Ањриман шудаанд, њамвора маро нафрин фиристанд.
Он гоњ равони дурванд дар нахустин гом ба пойгоњи андешаи бад дар ояд. Пас дар дувумин гом ба пойгоњи гуфтори бад дар ояд. Пас дар севумин гом ба пойгоњи кирдори бад дар ояд ва саранљом дар чањорумин гом ба сарои тирагии бепоён –ба дўзах даррасад.  Ба фармони Ањриман ўро хўрише дињанд аз зањр, ки бадандеши бадгуфтори бадкирдорро љуз он хурише нашояд. Зани дурванди бадандеши бадгуфтори бадкирдори нопоки бадомўхтаи нофармонбардор аз шўйро низ чунин хурише дињанд.
Пас, мебояд, ки имрўз Виљдони худ, равони худ, ояндаи худро наљот бахшем.
Хомўшї ба миён омад.
Дилсангтарин аъзои њанљамана низ сари ин гуфтањо ба андешањои амиќ фурў рафтанд. Бо вуљуди ин, чанде аз девпарастон тан надоданд. Зоњиран онон њаргиз сухани нек ва хирадро ќабул надоранд ва њамеша чунин бимонанд.
—Мо њар кадом пешвоем ва мардумон бо сухани мо амал кунанд,— ошуфта гардид Бендва.
—Пешвоёни дурўѓин дўсти мардум нестанд, аз дастурњои зиндагонї ва ободї дур мебошанд ва бо кирдору оини худ љањонро меозоранду шод мешаванд ва саранљом ба дасти њамин оин ба Хонаи дурўѓ кашида мешаванд. Подоши росткорон Хонаи суруд аст, ки Худои Доно дар он пеш аз њама расидааст. Ин подош ба Шумо аз роњи Маниши нек ва бо некињои Ростї мерасад. Касе, ки оромиши дарунї дорад, бо донишу гуфтору кирдору виљдони худ Ростиро меафзояд. Худои Доно ба чунин касе ба дастёрии Маниши нек Шањриёриро арзонї медорад. Ман низ барои ў хостгори подоши нек мебошам.
Дањйупатии чодарнишин Нийуики думўй, ки як бањори охир пас аз созиш бастан бо шоњ аз корњои роњзанї ва рабудани молу маноли мардумон даст кашида буд ва то њол ба ин бањсњои аъзои њанљамана хомўшона гўш медод ва бо шубња менигарист, бо умед пурсид:
—Њар гоњ ки гуноњкоре омўзгори дини Маздо набошад, ё диногоњ набошад ва ба гуноњи хеш хасту шавад ва паймон бандад, ки дигар њаргиз чунин кирдори норавое аз ў сар назанад, Маздо гуноњашро мебахшояд?
Аша Зардушт ба ў бо таваљљўњ нигарист. Дарёфт, ки гуноњњои азиме виљдони ўро азоб медињад. Барои нашикастани њамин умед дар дили марди гунањгор гуфт:
—Ба Ростї, дини Маздо касеро, ки ба ин дин дар ояд, аз бандњои гуноњонаш рањої мебахшад.
Дини Маздо гуноњи нодурусткорро мебахшояд. 
Дини Маздо гуноњи куштани яке аз ашавандонро мебахшояд
Дини Маздо гуноњи хоксупории мурдореро мебахшояд.
Дини Маздо гуноњи кордорњоеро, ки њељ товоне барои онњо нест, мебахшояд.
Дини Маздо гуноњи подафраи сахттарин гуноњро мебахшояд.
Дини Маздо њар гуноњеро, ки мардум бад-он даст зананд,  мебахшояд.
Ин сухан на танњо ба дањйупатии чодарнишин Нийуик, балки ба тамоми ањли њанљамана писанд омад. Дар дили њама умеде пайдо шуд, ки гуноњони пешинаи ононро худованд хоњад бахшид.
Рад пурсид:
—Ањура Маздо аз мо чї мехоњад?
—Мефармояд, ки Роњи Ростї ва хирадро баргузинед ва нагузоред, ки омўзгорони бад зиндагиятонро табоњ созанд.
—Ояндаи мо чи гуна аст?
—То ба имрўз Ањура Маздо моро мададгор шуда, аз яхбандони дарњамфусурда наљот бахшид, заминњои моро васеъ кард, мењани хубу осуда дод. Вале имрўз ќавмњои мо агар рањи некї ва Хирадро напазиранд, байни баду нек фарќе нагузоранд, ба дањшатњо ва мусибатњои гароне рўёрўй хоњанд шуд: онњо хонаи худро бисўзанд, сипас харобињо аз шимолу љануб, шарќу ѓарб расад. Сипас девсорон аз шарќ њуљум мекунанд ва дањ—сад зимистон њукмрон мешаванд, дўстон ба душманон мубаддал мегарданд, дар саросари роњњо роњзанњо бедодгарї мекунанд, Замин аз дили худ тиллову нуќраву фулузотро бедареѓ медињад, вале ин хушбахтї намеорад, ѓуломон хоља мешаванд, замона аз ањди Зањњок њам дањшатноктар мешавад ва одамон маргро орзу мекунанд ва маргро хушбахтї мењисобанд. Ба пайравони дини бењин зарур мешавад, ки мењани худро тарк кунанд ва дар љои дигар маѓзи дин ва оташи муќаддасро нигоњ доранд. Имрўз ба мо Ањура Маздо имкон додааст, ки озодона роњи Аша—дурустї ва дини бењинро пеш гирем ва бо хиради менуї худрову љањонро аз офатњо наљот бахшем. Шитобем, ки фардо дер мешавад.
Дањйупати Сарайани некхоњона, вале бечоравор пурсид:
—Аз дасти мо, мардуми бечора, чї ояд?
— Эй мардум, донед, ки дар ин љањони астманд ягон чиз бењуда нест. Њатто сангу растанї, обу њаво, кўњ, абру осмон мисли њар як одам ба худ манише доранд ва њамроњи эзадњои нек бар зидди маниши бад ва торикї дар ситезанд. Ва мо бояд бо пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек барои чира гаштани Ањура Маздо дар ситез бошем.
Љомосп пурсид:
—Шарти гаравидан ба дини Ањура Маздо чист?
—Њумат-њухт-хваршта! — Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек.

76. ВИШТОСП КЕШИ
ЗАРДУШТРО ПАЗИРУФТ

Шоњ аз тахт бархест. Њама бо њайрат ба ў нигаристанд ва аз љой хестанд.
Нуре дар саќфи толор падид омад, ба фарри эзадии Зардушт мубаддал гардид, чашмонаш пурнур шуданд, нур бар сари шоњ ва ќисме аз њозирин низ дурахшид.
Зардушт бархест ва ниёиш кард:
—Сипосу њамди бењад, ай Њастибахши якто. Эй Маздо! Кист марде, ки дўсти Спитмон Зардушт аст? Кист, ки бо Аша њампурсагї кунад ва ба Спандармад рўй оварад? Кист, ки бо ростї ва порсої ва Маниши нек  Ањура Маздоро бипарастад? Маздо Ањура њар касеро ки бо бењтарин маниш ва гуфтору кирдор ба Спандмену ва Аша бипайвандад, Расоиву Љовидонагї хоњад бахшид.
Шоњ бо овози на чандон баланди пурњаяљон гуфт:
—Инак, бо пиндори нек ва гуфтори нек ва дастњои кушода барои дуо ва озодвор гаравидам ба парастиши Ањуро Маздо!
Малика Њутаоса низ ду даст фароз карда гуфт:
—Ман, малика Њутаоса низ гаравидам ба парастиши Ањура Маздо.
Нишоту хуррамї дар байни њозирин рух дод.
Вазир Љомосп низ ќабул кард.
—Ман низ бовар кардам ба ту, ай Задтушт. Ва анак бо пиндори нек, гуфтори нек ва дастњои кушода барои дуо дини нави туро баргузидам  ва гаравидам ба парастиши Ањуро Маздо!
Фрашаоштра Њвогва низ даст бардошт.
—Ман низ гаравидам ба парастиши Ањура Маздо.
Аксари хозирин бархестанд ва гуфтанд:
—Ман низ гаравидам ба парастиши Ањура Маздо.
Кайгуштосп амр кард:
—Аз ин пас њама дар ќаламрави мо ба ин дини бењини Зардушт бигараванд. Пайравони эзадњои пиндорї берун аз дин хонда шаванд.
Зардушт  шодон гуфт:
—Фуруњаре, ки дар рўзгори мозї шоњ Љам гум карда буд, оќибат ба сари Кайвиштосп нишаст. Шоиста бод фарри шоњї.
Шоњ изњор намуд:
—Аз ин пас кавињо ва карапанњо ва усихњо, ки зидди ин иттињод њастанд, берун аз дини бењин, аз љумлаи пешутануњо хонда шаванд. Ин паёмро ба њама каршварњои Ориёї бирасонед.
—Ба чашм, —гуфт бидахш.
Шоњ ба Зарир ишора карда, гуфт:
—Бародари ман шањзода Зарир пешбари ному нанги ќавм аст, сипањсолор ва марзбони мењан аст. Хоњам, ки ўро баракат ва  комёбї бахшї.
Зардушт бо мењр ба Зарир нигарист ва гуфт:
—Љавонмарди асил  аст. Чунин марде ки њамсаре дорад, бартар аз касест, њамсаре надорад. Касе ки хонае дорад, бартар аз касест, ки хона надорад. Касе ки дорої дорад, бартар аз касест, ки њељ надорад. Гурусна мурдае беш нест. Сер  ба арзиши як асп, як одаме бар гурусна бартарї дорад. Сер метавонад дар баробари тохту тозњои душман ба ситеза истад, бо нозуктарин љома дар баробари деви зимистон истад ва душманро саркўб кунад. Хостори онам, ки Ањурамаздо ба ту баракат ва комёбї дињад. Мебояд, ки пеш аз њама соњиби зани некў ва фарзандони некў гардї.
—Зану фарзанд доштан барои сипањсолори дин муњим аст?—пурсид шоњ.
—Бале. Аммо муњимтар он аст, ки миёни неку бад, хоњишњои неку бади инсонї марзе гузорї.
Зардушт куштии тозае баргирифт ва миёни шањзода Зарир баст ва гуфт:
—Куштї марзест миёни ду бахши тани инсон —бахши болої, ки аз он кирдори нек бархезад ва бахши зерин, ки аз тариќи он Ањриман метавонад амали бад барангезад. Бо куштї се бор гирди камар мебанданд:  андешаи нек гуфтори  нек, кирдори нек. Дар даври дувум ду гирењ дар пеш ва дар даври севум ду гирењи дигар дар пушт мезананд: Гирењи1- гувоњ ба њастии офаридгори ягона, Гирењи 2-рост ва ањурої  будани дини маздопарастї, гирењи 3- нишони њастуии пайѓамбарии Зардушт, гирењи 4- бовар ба оини Зардуштї—пиндору гуфтору рафтори нек…
—Офарин бар ту бод, –шод гашт шањзода.
Зардушт ба шањзода судра-пироњани сафеди тунуки пеши гиребонаш то сина чокро пўшонд, ки дар чоки гиребонаш љайби хурде низ дорад.
—Ва инак, шањзода аз ин лањза судра мепўшад. Бубин чи тавр нозук ва поку беолоиш аст. Дар тамоми рањи рўзгори худ чунин поку беолоиш мебояд буд. Ин кисаи кўчаке, ки мебинї, кисаи кирефа—кисаи савоб аст, ки бо корњои неку савоби худ бояд пур кунї. Бубин, чи андоза кўчак аст вай, вале чи андоза мушкил аст пур кардани он. Њар рўз ба кисаи керефа савобе ворид шавад, эзид бо шумост ва нигањбони Шумо шавад, вале агар гуноњони Шумо зиёдтар аз савоби Шумо шавад, савоби пешина аз киса фурў резад ва худоњо Шуморо тарк кунанд ва девон бар Шумо чира шаванд.
—Панде некўст.
—Шањзода Зарир, ту њоло таваллуди дигар ёфтї, ба сони кўдаки навзодї, ки ба сўи Аша ва ростї гом менињї. Шоиста бод ин рўзи нав!
Њама такрор намуданд:
—Шоиста бод ин рўзи нав!
—Дигар мебоянд, ки њама савганд ёд кунем,— пешнињод кард Зардушт.
 —Нек бошад, —изњор намуданд њозирин.
Аша Зардушт матни савгандро мехонад. Зарир ва дигарон, њама ањли дарбор савгандро банд -банд такрор мекунанд. Сипоњиён, кишоварзон ва косибон дар њама маъбадњои дигар низ баробар савганд ёд мекунанд.
—Накўњиш мекунам девонро!
Ман маздопарастам зардуштї, девситез, ањуроикеш. Ањура Маздои некро мепарастам, ки њар он чи некўст—аз ўст: аз ўст гетї, аз ўст Аша—ростї, аз ўст рўшної, аз ўст шодкомии љањон. Ман аз зиён расонидан ба рустои маздопарастон, аз дуздиву рабудани сутурон рўй мегардонам, ба вайронии рустоњо барнамехезам, ќасди љону тани касе намекунам. Ман озодии рафтуомади њамсояњои чорводорро раво медорам. Ман озодиро меситоям.
Ман аз девони зишт ва офаридањои Дуруљ, пайванд мегсилам, аз девпарастон
ва љодувону љодупарастон дурї мељўям.
Ман дини маздопарастиро бовар дорам, ки љангро барандозад, размафзорро ба канор гузорад.
Ман ба андешаи некандешида, гуфтори некгуфта, кирдори некварзида бовар дорам.
Њумат, њухт, хваршта! —Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек…
Њама такрор мекунанд:
—Њумат, њухт, хваршта! —Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек…
Ин савгандёдкунї дар марзњои њама давлатњои Ориёї баргузор гардид.
Чунин ба назар мерасад, ки гўё мардуми тамоми Шарќи бостон дар гўшањои алоњида якбора ба ин дин гаравиданд.
Аз он љумла, дар ќаламрави Арљосп низ Йовишта ва Заремайа савганд ёд кардаанд.  Братештор аз ин њол ба шўр омад.
—Кофист! Ба ин хотима бояд дод!
Арљосп гуфт:
—Фарзандони Тури бузург њаргиз ба кеши ќабулкардаи Лўњросп нагараванд,   њарчанд ки онњо фарзандони амуи мо – Эраљанд.

77 . МАКРИ АРЉОСП

Домани биёбон. Хаймаи Норашнї.
Ду сарбози зантупати Норашнї андўњгинона байни худ маслињат мекунанд:
—Куштори бузург ногузир аст.
—Барои падар мушкил аст: дирўз писари ягонаашро аз даст дод, имрўз ба дењи падараш мардуми кайада њуљум карда, нисфи мардонро кушта, боќимондаро ѓулом карда, њама хонањоро сўзонд.
—Ин кори кї бошад?
Дар хайма Норашнї њамроњи вазиронаш маслињат мекунад. Норашнї базўр худро аз додзанї дошта, зери дандон мегўяд:
—Маълум, ки ин кор бе маслињати Арљосп сурат намегирад. Вале ў ба сафирони фиристодаи ман мункир шуд. Ва бо зањрханда гуфт, ки агар кайадањо гунањгор бошанд, бигузор худашон љазо бигиранд. Кош чизи дигаре мегуфт. Охир, љанг ногузир аст. Кайадањои чолок, мисли девњои Кахвареда, ки њама аз роњзану каллабурон љамъ шудаанд, ба касе итоат намекунанд, аммо бе супориши касе ва бе маблаѓе мукофот њељ коре нахоњанд кард. Онњо гумон мекунанд, ки Норашнї камќувват шудааст. Амузодањоям дер боз даъво доранд, ки агар ихтиёр дар дасти онњо мебуд, њамаро ба зону мешинонданд. Вале ба ин роњ додан мумкин нест. Ба љои ман танњо аз дудаи ман бояд њоким шавад. Ва танњо Зарина метавонад сарвари мулк ва лашкар бошад.
—Бале,—тасдиќ намуданд бузургон.
—Бихон, ки  ин рўбањи маккор чї навиштааст.
Ёвар матни савганди пайравони Кеши навро ба ў хонд. Сари њар љумла Норашнї тааљљуб мекунад
— «Ман аз зиён расонидан ба рустои маздопарастон, аз дуздиву рабудани сутурон рўй мегардонам…
—Оњњооо…
—Ба вайронии рустоњо барнамехезам …
—Эњњеее…
—Озодии рафтуомади њамсояњои чорводорро раво медорам…
—Чччеее!?  Не. Ин савганд зидди њаёту њастии мост, дасту пойи моро мебандад, моро ба нестї мебарад …
Норашнї сахт ошуфта гардид.
—Кофист! Ин Кеши нав барои бастани дасту пойи мо офарида шудааст.
Номаро аз дасти ёвараш баргирифт,  ба он назаре карда, љумлае хонд :
— «Ман озодиро меситоям» …
Норашнї  номаро ѓиљим карда партофт ва гуфт:
 —Бале, ман озодиро меситоям, вале бо шамшери худ!
Зарина дар тан љавшан назди ў омад. Таъзим кард ва пурсид:
—Њама омодаанд.
Норашнї аз хайма баромад. Дар чашмонаш гўё хун љўш мезад.
Дар майдони назди хайма маросими ќурбонї дар ављ буд. Оташ шўълаи баланд дошт. Мубад ниёиш мекард. Ин дуоњо аз ниёишњои зардуштї кам фарќ дошт. Фарќи аслї дар он буд, ки девондев Анграмаинйу эзади бузургтарин хонда мешуд.
Норашнї назди оташ омад. Њама ба ў таъзим карданд. Фаќат коњин  таъзим накард, зеро ки дар мавќеи ниёиш буд. Вале ноаён љои худро ба ў дод.
Норашнї аз тањти дил ниёиш кард, гўё охирин маротиба бо худои худ сўњбат дошт. Одати ў чунин буд. Аз ин љост, ки самимияти ў дар назди эзадњои тасаввурї ба дили мардум тарс ва эътиќод мебахшид.
Ў чашм аз оташ наканда мурољиат кард:
—Эй девондев Анграмаинйу! Дањ аспу дањ гўсфанд ва дањ асирро бароят ќурбонї мекунам. Ба мо тавоної ва неру бубахш, ки бар кайадањои Арљосп чира шавем!
Аспњо ва гўсфандњо ва говњо ба оташ супурда шуданд. Сипас дањ асирро ба оташи баланд партофтанд. Бўи гўшти сўхтаи њайвону одамизод, садои њайвоноти зинда ба зинда дар оташ сўхтаистода ба машоми мардум расида, хунњоро мељўшонд. Нўшобаи њаумаро бо хушбўињо ба оташ «супурданд.» Мубад ба оташ буттаи дар намакоб таркардаи исфандро низ партофт, ки аз он дуди ѓафси дилхушкунанда падид омад. Азбаски абрњо осмонро пўшида буданд ва шамол намевазид, дуд боло набаромада ба гирду атроф пањн мегардид.
Норашнї дар љоми аз косахонаи сари душман сохтааш нўшобаи њаум нўшид.
Сарлашкарон низ њаум нўшиданд.   
Сипас Норашнї рў ба оташ пурсид:
—Эй њамќавмон, кайадањои Арљосп ба дењи мо њуљум карда, молу маноли мо бурданд. Сазои онон чист?
Сарони лашкар шамшерњои худро боло бардошта фиѓон заданд:
—Бар ивази мол мол мегирем!
—Онњо занону духтарони моро ба зўрї каниз карданд. Сазои онон чист?
—Бар ивази занону духтарони дења занону духтарони онњоро мегирем!
—Девони Кайада бародарони моро куштанд. Сазои онон чист?
—Бар ивази љони бародарон љони бародарони онњоро мегирем!
—Хун ба хун!—нидо кард Норашнї.
—Хун ба хун!—фиѓон карданд њамагон
—Марг ба марг! –нидо кард Норашнї.
—Марг ба марг!—фиѓон карданд њамагон.
Норашнї шамшери худро боло кард. Љанг, љангидан, зери тиру дами шамшер дар майдони љанг афтода љон додан барои ин тоифа шараф ва нишони мардонагї буд.
Шамшерњои хунчакон  боз бар сари мазлумон бардошта шуданд.
Боз як дењи ориёї аз теѓи шамшери ориёї ѓарќаи хуни мардуми ориёї шуд.
Аммо дар ин дења нафаре аз роњзанњои Кайада набуд. Онњо кайњо огоњ шуда фурсат ёфта буданд, ки пинњон шаванд. Шамшер бар сари кишоварзу чорводор, мардуми бегуноњ омад.
Дар давоми љашн Виштосп ва Зарир аз навидњои назди марз сўњбат намудаанд. Виштосп аз аввалин суханњои бародар ношод гашт, абрў дарњам кашид. Рўзњои пеш Зарир ба хубї мефањмид, ки ин аллакай нишони напазируфтани дархости ўст, аммо дили ошиќ кай парвои чини абрўи бародар дошт, ки њоло пеши назари ў  танњо чини гесувону љилои рухи Заремайаи соњибљамол буд.
Ва бо эњсоси саршор гуфт:
—Эй бародар, ин ќисса љону диламро чу оташ фаро гирифтааст. Њар љо нигарам, рухи ўст—тобиши хуршед, чам-чамаи оби рўд, насими гулшан…
Гуштосп, њарчанд ки бар Зарир њамчун валиањди дуввум, дар дилаш  мудом кинаи ноаёне дошт, мекўшид, бо нармзабонї дили ўро ба даст оварад. Бинобар ин, табассуме карда, оромона киноя зад:
—Тањамтан Зарир, ки садњо пањлавонону номваронро ба хок афкандааст, аз тири нигоњи як дўшиза маѓлуб шудааст? Садњо духти Арљосп сазовори канизии ту бошанд.
—Заремайа шоњдухтар аст, аз ин хешовандї миёни мулкњо дўстї падид ояд…
—Ту њоло макри мардони љангї надонї: бо ин найранг Арљосп хоњад, ки ба тахти мо рањ ёбад.
—Аз ин ишќи деринаву аз ин кини зудой касе огањ набуд...
—Мулоќоти шуморо хуб ташкил кардаанд. Инак, номаи Арљосп, ки аз сияњкории вай дарак дињад. Вай даъвати моро напазируфт ва моро ба љанг мехонад.
Шоњаншоњ ба шањзода номае нишон дод.
Зарир номаро дида дар њайрат монд.
—Афсўс…
—Ориёињо ва Ориёнои бузургро танњо дини нави бењин, дини хирад бо њам як кунад. Туро мебояд, ки њамчун сипањсолор дини бењинро дар саросари љањон таблиѓ кунї. Барои иљрои ин кори нек њарчи аз размафзору артештор зарур аст, бигир.
—Ба чашм.
Зарир чун ин фармон шунид, дилаш пурхун гашт ва ѓайри итоат кардан чорае наёфт. Вале дар дил ба ќароре омад, ки яздон мењрубон аст ва илоље пайдо хоњад шуд. Виштосп гўё аз рањи шафќат дарди бародарро ба ёд оварда, бо табассуми ањриманї пешнињод кард:
—Вале хостори дили мард набояд шиканад. Духти Арљоспро ба канизї гиранд ва пеши пои ту партоянд. Њазор чунон каниз фидои хоки пои ту бод!
—На, на. Ман бандаи эњсос шудам. Ин хатои нобахшиданист. Њоло кори мулк ва дини бењин бар орем.
Зарир шитобон баромад.

78. МАШЌЊО ВА ХУНРЕЗИЊО
ДАР ЌАЛАМРАВИ НОРАШНЇ
 
Ин љо ба тўйи Заррина ва Спенљаѓра – писари амакаш омодагї мегиранд. Норашнї ќарор дод, ки барои пурќувват ва муттањид намудани ќавм духтарашро ба амузодааш дињад. Бо њамин талоши амак ва амакзодањо барои сарварии ќавм хотима хоњад ёфт, аз ояндаи духтараш низ хотирљамъ хоњад шуд.
Мењмонон аз дуру наздик омаданд.   
Арљосп низ омад. Албатта, маќсади ў зиёфати тўй хўрдан набуда, љанбаи сиёсї дошт. Бо воњимаи аз њад зиёд ў хунрезии дар дењи Кайада барпо намудаи Норашниро маъќул донист. Ва њарду хуб медонанд, ки гургошноянд, ханда дар лабону зањр дар дилњо доранд. Муњофизони њарду аз њамдигар чашм намекананд. Ва Арљосп якбора аз мавзўи асосї сухан сар кард.
—Аз ин љанги одилонаи ту бар зидди ќавми роњзану таррори Кайада ман хеле шодам. Аз торумор шудани ќавми кайада басо касон, ки хурсанд шудаанд: бо њамин, мардуми чанд вилоят ва аз он љумла, мо низ аз душманони деринаи худ халос шудем.
—Магар онњо дар итоати шумо набуданд?
—На…
—Девони Кайада њамќавмони шумо набуданд?
—Роњзану дузду занхора ќавму вису ќабила надоранд. Онњо дар сањроњои беканори бепаноњ худро девони яккатоз пиндошта, зулме бар сари њамќавмони ман мекарданд. Азбаски њамќавмони ман низ беш аз пеш ба замин дил баста, муќимї шуда ба кори кишоварзию косибї машѓул мешаванд, ба љангу куштори зидди роњзанон омода нестанд.
—Ин хатои шумост,—эрод гирифт Норашнї. –Касоне, ки бо кори кишоварзї овора шуда, нозпарвард шуда, дар љанг фаъол нестанд, ќути осони ќавмњои роњзан мешаванд. Девони Кахвареда ва Кайада то нафаси охирин мељанганд.
—Вале онњо куљову лашкари љаррори шумо куљо? Чи тавре ки огањам, ќавми кайада њатто натавонист, ки бо шумо аќаллан соате муќовимат бикунад. Офарин бар шумо, ки дасти душманони деринаи моро кўтоњ кардед. Ва инак, ба шарафи ин љанги адолатнок тўњфањои моро ќабул доред.
Ва чун арзи сипос Арљосп тўњфањои зиёд овард. Норашнї шод шуд.
—Аспу гўсфандони хуб овардї. Аммо ба њар њол чунин љанги бемаъно зарурат надорад.
—Њарчи буду набуд, бо хости эзадон шуд, - таъкид намуд Арљосп. –амимона мегўям: ман аз њамќавмони роњзанам безор шудам. Дусад дўшиза наарзад, ки мардони љангї бо њам ошуфта шаванд.   
—Вале минбаъд дўстии моро касе натавонад вайрон бикунад.
—Дўстии мо безавол аст.
Мулоќот ва сўњбати Арљосп бо Норашнї дар хаймаи заррини Норашнї идома ёфт. Хайма дар майдони васеъ љой гирифта, аз њар тараф дар масофаи тиррас холигоњест. Њарду дар дил як сухан доранду дар сар андешаи дигар. Бинобар ин чашмњо њамеша дар роњи њуљуми ногањонии раќиб ба чор тараф менигаранд.
Ин љанг барои Арљосп як санљиш буд. Бо њамин неруи лашкари Норашниро дар амал дид, ва аз љониби дигар роњзанњои саркаши берањаро љазо дод. Минбаъд онњо ному насаби худро фаромўш карда, дастнигару фармонбардори Арљосп шуданд. Аз љониби дигар, Арљосп ба хулосае омад, ки бо Норашнї муносибатњоро хеле гармтар намояд, дар лањзањои њассос неруи лашкари зудамали ў зарур буд. Ин барои Норашнї сирри махфї набуд.
Арљосп дар хотимаи сухан гуфт:
—Ўњдадор мешавам, ки аз ин пас бар сари њар нохалаф њамроњ шамшери адл  баркашем.
—Ман њам ќавл медињам.
—Душмани мо на дўшизагоннанд, балки Виштоспи якраву худхоњ аст. Ў ањди бародариву баробарї мекунад, вале бо Кеши нави худ дастњои моро бастан мехоњад.
—Мо њаргиз Кеши нави ўро ќабул надорем.
—Бале, њољат ба ин нест,  њарчи ба мо зарур аст, мову шумо  онро бо дастони кушода ва љангафзори худ кашида мегирем.
—Мову Шумо њамназарем!
—Абадї њамназар ва њамроњ мемонем!
Дўстони «гургошно» ба њам даст доданд. Аз зери остинњояшон дами теѓњои махфии омодакардаашон намоён аст.

79. ОТАШИ БАЊРОМ АФРЎХТА ШУД

Бохтар. Љашни Наврўз бахшида ба ќабули кеши Зардушт.
Дар љашн сарони њама 14 мулки Ориёї даъват шуданд. Вале Арљосп ва  Норашнї намояндагони худро дар симои Сатават ва Братрокрештур фиристоданд, то ки онњо вазъи ќалъа ва омодагии њарбии Бохтарро ба мушоњида гиранд.
Маросими баргузории оташ дар маъбад.
Коњинон мувофиќи мартабаву вазифањо дар маросимњои шашгонаи гањанбор чунин саф меоростанд: Вазифаи Заотарро ки сарвари коњинон буда, дар симои ў Ањура Маздоро медиданд, худи Аша Зардушт иљро кард. Вазифаи ў хондани њама готњо (17 гот)  буда, љойи ў дар назди тахтасанги ашёњост, дар рўи нишастгоњи хоса рў ба оташ –ба љануб менишинад. Њафт коњини дигар чунин љой мегиранд: се нафар—њованан, аснатар, атравахша аз дасти рости заотар љой мегиранд, рў љониби оташ ба самти  шарќ меистанд,  сеи дигар (фраберетар, ратвишкара, аберетар) аз љониби чап, рў ба оташ, дар самти ѓарб меистанд. Коњини њафтум –срашаоварез рўбарўи заотар дар љануб љой мегирад.
Оташи Бањромро  пеш меоранд, ки  аз 1001 оташ, аз 16 гурўњ тоза карда баргузида шудааст:
  1. Оташи мурдорсўз.
  2. Оташе, ки ранггар истифода кардааст.
  3. Оташе, ки аз хонаи њоким ё намояндаи њукумат овардаанд.
  4. Оташе ки аз он кулолгар истифода кардааст.
  5. Оташе, ки аз он хишт тайёр шудааст.
  6. Оташе, ки аз он фаќир, ё рўњонї истифода кардааст.
  7. Оташе, ки аз он заргар истифода кардааст.
  8. Оташе, ки аз он барои сикка задани дирњам истифода кардаанд.
  9. Оташе, ки аз он оњангар истифода кардааст.
10. Оташе, ки аз он созандаи размафзор истифода кардааст.
11. Оташе, ки аз он нонвой истифода кардааст
12. Оташе, ки аз он шаробсоз, ё бутпараст истифода кардааст
13. Оташе, ки аз он сипоњї, ё сайёњ истифода кардааст.
14. Оташе, ки аз он шубон истифода кардааст.
15. Оташе, ки аз хонадони зардуштиён оварда шудааст.
16. Оташе, ки аз раъду барќ ба вуљуд омадааст.
 Охирин љузъи он оташест, ки аз раъду барќ њосил шудааст.
Тахтнишинии оташи Бањром.
 Љараёни тахтнишинии оташи Бањромро мубади мубадон сарварї мекунад ва дар ињотаи мубадону мубадёроне меравад, ки дар чунин чорабинињо ширкат намуда, таљрибаи хоса доранд. Ду ё чањор нафар миљмари оташро мебаранд, дигарон аз болои он чатр медоранд. Онњоро коњинони размафзор дар даст ињота мекунанд ва дар навбати худ онњоро намояндагони њукумат њамроњї менамоянд. Размафзор ва аштрањаи дасти онон, ки бо говсар ороста шудааст, рамзи шуљоат ва омода будани онњо ба набарди алайњи девон ва ќуввањои бадист. Як ќисми ин рамзафзору аштрањаро дар девори маъбади оташ мегузоранд.
Оташро чун шоњ ба тахт «менишонанд». Ба сифати тољ табаќи филизие хидмат мекунад, ки дар болои оташ њамоил карда шудааст.
Ба шоњи оташњо фаќат гурўњи олии мубадон њуќуќи ниёиш карданро доранд ва онњо дар давоми чандин рўз маросими тозашавиро ичро мекунанд.
Танњо ниёиши Оташ иљро карда мешавад. Маросимњои дигар ва ё њатто хониши Авасто  манъ аст.
Оташи Бањром ягона оташест, ки пайваста бо шўълаи равшан месўзад.
Дар панљ мањалли шабонарўз панљ маротиба ба оташ чўби хушки сандал ва хушбўињо гузошта мешавад. Фарќи вай аз дигарњо дар он, ки шаш чўби сандал гузошта мешавад, ба оташњои дигар 1-тої.
Дуюм оташ —Адаран  аз чањор навъи оташ ба вуљуд оварда мешавад: доимї шўъла задании вай шарт нест, шаб зери хокистараш хоб мекунад. Тартиби тахтнишониаш танњо бо он фарќ дорад, ки иштирокчиёнаш камтаранд. Ниёишњои гуногун иљро мешавад.
Оташи сеюм Додгоњ- аз як оташи хонадон рўшан мешавад. Дар ниёиш одамони ѓайрирўњонї њам ширкат мекунанд.
Зардушт ниёиш оѓоз кард. Ва мубадон Оташро чун шоњ ба тахт «нишонданд»   
—Ашем воњу… Ростї бењтарин некист. Хурсандист. Хурсандї барои касест, ки Ростиро барои бењтарин Ростї бихоњад.
Йата ању ваирйа. Ба соне, ки сарвари њастиро бояд танњо  аз рўи Ростї баргузида, ба њамон сон рањбари дурустеро низ бояд писандид. Ин ду дињиши баргузидаро Маниши нек арзонї дошта, то корњои зиндагонї ба ном ва барои Худои Доно анљом  гиранд. Њамчунин Шањриёрї аз они Худост, ки ободкунандаеро барои боз обод гардонидани  диндорони ситамдида гуморидааст.
Мубадон њар банди ниёиши Аша Зардуштро такрор карданд:
—Эй Озари Ањура Маздо!
Туро ситоишу ниёиш, пешкаши хуб, пешкаши дилхоњ, пешкаши дўстона хосторам.
Туї барозандаи ситоишу ниёиш.
Бишавад, ки ту дар ин хонумон ба ситоишу  ниёиш барозанда шавї. Хушо марде, ки туро ба оини Аша биситояд, њезум дар даст, барсам дар даст, шир дар даст, њован дар даст.
Эй Озари Ањура Маздо!
Он њезуме, ки бишояд, туро бод!
Он бухуре, ки бишояд, туро бод!
Он хўрише, ки бишояд, туро бод!
Он андўхтае, ки бишояд, туро бод!
Бурное ба нигоњбонии ту гумошта бод!
Диногоње ба нигоњбонии ту гумошта бод!
То ту дар хонумон фурўзон бошї.
То ту њамвора дар ин хонумон фурўзон бошї.
То ту дар ин хонумон равшан бошї.
Эй Озари Ањура Маздо!
Зуд маро гушоиш бахш!
Зуд маро паноњ бахш!
Зуд маро зиндагии дароз, доної, ашаванї, забони шево, равони њушёр ва пас он гоњ Хиради фаровони фарогири нобуд нашуданї бахш.
Пас он гоњ маро далерии мардона, њамеша бар пой истода, бехоб ва дар оромгоњ низ бедор бахш.
Маро фарзандоне расову кордон, дингустар, кишварпарвар ва анљуманоро, бо њам боланда, некандешу аз тангно паноњанда бахш, ки хонумону рустову шањру кишварро афзоиш бахшанд.
Эй Озари Ањура Маздо!
Маро он чи комраво созад, бибахш!
Акнун ва то абад бињишти ашаванон ва рўшноии њама гуна осоишбахш маро арзон дор, то ман ба подоши неку номи неку зиндагии хуши радон расам.
Агар маздопарасти аз роњ расидае ба оини Аша њезум пешкаш оварад ва ба оини Аша барсам ва гиёњи Њаданаепта бигустурад, пас  Озари Маздо Ањура  хушнуду наёзурда ўро хостори комёбї шавад:
Бишавад, ки туро рамае аз чорпоёну гурўње аз мардон бошад.
Бишавад, ки туро зиндагиву манише варзида бошад.
Бишавад, ки зиндагиро ба шодкомї ба сар барї дар шабњое, ки хоњї зист.
Ин аст офарини Озар касеро, ки њезуми хушки равшанидидаи ба оини Аша покшуда назди ў оварад.
Ашем воњу…
Рад ва сипањсолор Бендва барои хушии дили шоњ маросими ќурбонии сегонаро оѓоз карданд.
Зардушт хабардор шуда пеши онњоро гирифт:
—Истед! Чањорпоёнро накушед!
—Ин мийазд аст.
—Ќурбонии худро насўзед!
—Ин заур аст…
—Њаомаи масткунандаи макрўњро нанўшед!
—Ин ќурбонї аст!
Рад пеш омад ва эътирозомез гуфт:
—Ќурбонии сегона рамзи оѓози њаёт аст, зеро ки њаёт аз ќурбонї кардани нахустинсон— Говмард оѓоз шуд. Ќурбонии чањорпо ва растанї барои эзадњои нек аст, оташ заур ва мийаздро «мехўрад». Дуоњо назркунандагон ва коњинонро бо эзид мепайванданд. Рўњи «тозаи» чањорпои ќурбонї ба рўњи Барзагови нахустин њамроњ шуда, ќувва медињад, то рўзи охират вай эњё шуда, бадиро нобуд кунад.
—Ањура Маздо ин љонваронро худ офаридааст ва ба чунин ќурбонї эњтиёљ надорад. Эзад аз кирдори неки Шумо дар зиндагї ќувват мегирад. Вале бо куштани чањорпоён шумо ниёгони худро мекушед, бо сўзондани чањорпоён ва рустанї шумо ниёгони худро месўзед бо мийазд овардани гўшти чањорпоён ва рустанињо шумо гўшту тани ниёгони худро мехўред.
Шоњ Виштосп  бархест. Њама хомўш шуданд. Шоњ гуфт:
—Кофист. Аз ин пас ќурбонии сегона манъ карда мешавад. Барои Худованди ятои њастї бояд заур оварем бо кирдори нек андешида ва ќурбонї кунем бо он ки дар дили худ девњои хашм, њирс, њасад, кина, шањват ва хостори зиштро бикушем.   
Њама сар хам карданд ва  хомўшона ризоият доданд. Шоњ тарафдори Зардушт шуд. Вале коњин Рад ва сипањсолор Бендва душмани ќаттоли Зардушт ва ба дил савганд хўрданд, ки ќасосашонро албатта мегиранад.
—Оќибати ин вазнин хоњад шуд.
—То рўзе ки зинда њастам, ин кеши ту ќабул надорам.
Братрокрештур ва Сатавати љавон хулосаи дигар бардоштанд. Сатават гуфт:
—Кеши Зардушт на ба њама писанд аст,
—Барои пароканда кардани Бохтар ба мо њамин бањона кофист,— хандид Братрокрештур.
Ў ба љавонмарди сипоњинамо  ишорае кард. Љавон пеш омад.
—Имрўз бар сари ту бози давлати абадї нишаста. Бирав он оташкадаро хароб бикун ва барои худ дари Гарудмон—сарои сурудро бикушо.
Љавонмард ба тарафи оташкадаи навсохта бепарвоёна нимтаъзим кард:
—Ба чашм.
Ва љавонмард ноаён аз онњо људо шуда, аз љониби бозор гузар намуд, ба тангае мийазд харид ва ба тарафи оташкада рафт.
Дар базми бохтариён, гўё ки махсус тарњрезї карда бошанд, мењмонон—Братрештор ва Сатавати норозиро мизбонон Рад ва Бендваи норозї пазирої намуданд:
—Мењмонон, ба базми наврўзї марњамат…
Њамроњ аз байни роњи аз ду тараф гулпўш ба роњ баромаданд.
 Ин ба дили Братрештур мувофиќ буд. Ва ў фурсатро аз даст надода, ба оташи онњо равѓан рехт:
—Ин шаѓоли аз дашт омада шерони шањрро берун кардааст?
—Эњ, ин дунё бевафост, —њасрат карда Рад.
—На. Ман бо ў дар ситез бошам ва кини хеш бигирам!
—Оне, ки моро берўзиву забун гардонд, зуд бошад, ки боз ба љои омадааш зору низор баргардад.
—Дар он тараф ба ў љой нест. –Эътироз кард Братрокрештур.—Мо нагузорем, ки дини ниёгони моро газанде расад…
—Мо ба шумо кумак расонем. –ваъда дод Сатават.
Чашмони Рад аз ѓаризаи нопоки њанўз номуайян барќ зад. Бендва низ дасти мењмононро фишурд.
Базм дар майдон ва Кохи шоњ идома ёфт.

80. СУВРВА ДАР ЊИНД НОРОЗЇ ШУД

Суврва дар ниёишу рафтори диндорони Њинд хилофе намедид, аммо як њисси дигаргунии нофораме дилашро тазъиќ медод ва тасаввур мекард, ки дар кадом як маросими куфронае ширкат мекунад. Њар мубад усулу услуби худро дошт. Даришника Суврваро ба маъбади бузург бурд.
Аввал ниёиши муќаррарї анљом дода шуд. Сипас  њарду ба утоќи дигар гузашта, ба сабаќњои упанишада гўш доданд. Онњо дар пеши пои роњиби сараш пок тарошидае нишастанд, ки њар як сухани ба таври нињонї гуфтаи ўро дарк намоянд. 
Зоњиран, араниака сурудњое буданд, ки зоњидони њиндї дар савумин марњила аз марњилањои чоргонаи зиндагонї онњоро мехонданд. Маънои упанишад- пеши пой—наздик нишастан аст. Ѓараз аз он нишастани шогирд дар канори устод барои омўзишњои илмњои ѓайбу ѓариба ва ирфонї будааст. Дар њамон давраи ведої шахсоне пайдо мешуданд, ки аз зиндагии иљтимої ва њаёти моддї даст кашида, дар љангалњо узлат-нишинї мекарданд. Ва ба масъалањои сиррию ирфонї машѓул мешуданд.  Диќати онњо ба шинохти отифаи одамї ва дарки вањму фиреби олами моддї равона шуда буд.  Таълимоти ин орифони давраи ведої аз Атману Брањман иборат буд. Аввалї рўњи куллї, дуюмї иллати аълои олами моддист.
Дини ведої чун дар ибтидои динњои табиатпарастии ориёињо парастиши бисёрхудої буд, њиндуњо ба худоњои худ бо ниёишњо мурољиат мекарданд. Дар он яштњо аз худо хоњиш мекарданд, ки ба кору зиндагии онњо кушоиш дињанд.
Вале баъзе брањманњо ба ин таваллоњо бо тамасхур менига-ристанд. Аз он љумла, яке аз роњибон, ки њама ба ў чун худои зинда саљда мекарданд, эътирози худро чунин баён кард:
—Ман кулли вуљудам њастї аст, мани ман бо валодати ман шурўъ намегардад ва бо фавти ман низ хатм нагардад, балки аз азал буда ва љовидона низ њамчунин хоњам буд. Ман дар муќобили аъмоле, ки анљом медињам, на таваќќўи подош дорам ва на бими мукофот. Ман ба њамаи мардум ба як чашм менигарам ва њамаро дар пешгоњи худ яксон мебинам. Ман на ба касе душманї меварзаму на дўстї ва балки њар кас њољате дошта бошад, он њољатро ба ройгон бароварда созам.  Ман дорои чунин сифати олие њастам. Пас њар кас маро бад-ин сифат бишносад ва аз он таќлид кунад ва худро ба либоси ман дарорад ва њирсу озро аз худ дур кунад, лољарам занљирњое, ки бар пояш баста шудаанд, якбора бугсиланд ва озодияшро фароњам оваранд…
Суврва дарк намуд, ки дар Бхагават Гита афкори ѓайри-брањмании бумиёни аслии Њинд бо бисёре аз андешањои ведоии ориёиёни навомада то њадде созгор гардонида шудааст.
Ин маънї ба бисёр касон таъсири амиќ бахшид, вале боварашон камтар омад. Инро брањман пешакї медонист. Бино бар ин маъвизаашро давом дод:
—Бо сухан гуфтани ин њама њикматњои илоњї номумкин аст. Барои ифодаи ин маънии бузург вожањо кифоя нестанд; – иброз дошт брањман ва бо ишораи ў мусиќї навохтанд ва як раќсу таронасароии аљибе оѓоз шуд.
—Аааа-ааа…ааа…
Бале як воќеиятро бо сухан исбот кардан мушкил аст. Гурўње аз соњибдилон дар њолати ваљду љазаба худро дар олами латифу рўњонї эњсос мекунанд ва вањдати хешро ба як ќудрати мофавќ ё худо тасаввур менамоянд ва дар ин њол низ ба њадди аълои лаззати маънавї даст меёбанд.
Маросими ќурбонї мураккабтар мегардид. Маќоми коњинон васеътар мешуд. Эзади ведої Праљапати худои ќурбонї шуд. Хидмати бузургтарини одам ќурбонї кардан шуд, ки тавассути он худоњо љовид монданд ва на танњо ба худоњо, ба одамон њам зиндагии љовид доданд. Худоњо авлоди онњоро поянда нигоњ медоштанд, бахт ва наслњои нав мебахшиданд.
Ќурбонї ќариб чун дар ќурбонии ориёиёни Осиёи Миёна сурат мегирифт: дар баландї барои нишастани эзадон хошок пањн мекарданд. Сипас оташ меафрўхтанд, ба он њаума ё шир мерехтанд, дон мепартофтанд ва њайвонотро ќурбон мекарданд.
Аввал ведоињо маъбад надоштанд , вале баъд бо таъсири њиндуњои мањаллї маъбадњо сохта шуданд. 
Њиндуњои давраи ведої бемории мардумонро натиљаи ѓазаби худоњо медонистанд ва шифоро аз мењрубонии онњо. Магия маќоми калон пайдо кард вале адвиёти шифокорї низ ба њадди воло буд. Пизишкон аз беморињои чашм, дил, шикам, шуш, пўст бохабар буданд, бемории беш аз 300 узви бадан номбар шудааст.
Дар таълимоти упанишадањо аз мавзўъњои умумї мавзўъњои алоњида људо ва  тамоми маънї аз нав тасниф шуданд: аз асл дур гардонида, маънои духўра гирифтанд. Упанишада—упа-ни-сад- нишастан дар назди пой, яъне наздик нишаста гўш додан, чун дониши нињонї сурат гирифт. Аслан 13 упанишада асил аст, дигарон шарњи онанд. Упанишадањо бори аввал љањонро тавассути як таълимот дидан хостанд.
Суврва чунон ба суханњои пурњикмат ва асрорангези коњинон дода шуд, ки тамоми мављудотро фаромўш кард. Он суханњо ба назараш мисли афсонаи зебое намуданд:
Сарроњиб Упанишадаи кў-тоњтарин  иборат аз 6 вожаро бо эњтироси баланд хонд:
 —«Атман-Брањман аст. Брањман Атман аст». Бисёри дигар матнњо шарњи тафсири њамин аст: љањон дар тинати худ мудом дар таѓйирёбист, вай на танњо дар љињати зоњирї таљассум мешавад, балки олами рўњониро низ фаро мегирад. Вай на танњо ба воситаи муќаддасоти собиќа љараён ёфт, балки инчунин тавассути таълимоти динњои буддої ва љайнї низдавом кард. Њама талаботи дин ба воситаи ќонунњои ахлоќї пешнињод мегардад. Шахсе, ки бо рафтори зишт худро паст мезанад, сипас дар умри дигар дар сурати њайвон, санг, рустанї падид меояд, вале агар хуб бошад, аз њолати санг ба сурати одамї бармегардад. Илова бар он, тамоми девону париён ба ин сохтор ворид мешаванд. Рўњ метавонад ба дараљаи эзадї боло хезад, метавонад, лаззати бињиштро чашад, вале он њам абадї нест, њатто эзадоне, ки барояшон ќурбонї меоваранд, фаќат шакли њолатанд, ки дар онњо рўњи алоњидае ворид шудааст. Карма њамчун олотест, ки њама њолатњои мушоњида ва идрокшавандаи мардумонро ба як маќсад равона мекунад…
Сарроњиб Брињаспа лањзае суханронии худро ќатъ карду аз Суврва пурсид:
—Ту дар хусуси таълимоти упанишадањо дар бораи сансар—даври њаёти чандинкарата хабар дорї?
—Бале.
—Сансар асоси упанишадањо мебошад. Доираи воќеият чун тасаввуроти пешакї асоси муќаддимаи таълимоти мост: Атман бо Брањман тавъам аст, вале ин таъкиди ягонагии маълум нест, балки маѓзи таълимоти нави динист, ки маќсаду мароми онро нишон медињад.
—Фарќи Упанишадањо аз Ведоњо дар њамин аст? –норозї шуд Суврва.
—Таълимоти ведоњо нопурра аст, бисёр њолатњо шарњи вижае металабанд: Ведоињо мегўянд, ки худоњо дорои сифатњои заминї њастанд, ки мувофиќи амали онњо подошу подафра медињанд, вале мо, упанишадањо бар онем, ки худои алоњида нест, чуноне, ки олами дар шахсияти мардуми алоњида берун аз ваќту фазо нест. Мардумон чун дигарон дар таѓйирёбии доимиянд, даври њаёт абадист ва њама мављудот тобеи он аст, одам ягона зарраи ин коинот аст, ки моњияти онро мефањмад ва дертар аз ишкелњои зиндагї озод мешавад. Вале бо вуљуди ин, инсон ба њаёти заминї бармегардад, ва ба доираи тавлидњои нав ворид мешавад.
—Инсони ормонии шумо чї гуна аст?
—Шахсияти ормонии мо,  упанишадњо хирадманди дарвешест, ки ба кори заминињо дода намешавад, ба њама дигаргунињо бетараф мемонад ва бо чањон худро як мешуморад.
—Вай ба чї соњиб мешавад?
—Вай аз мусибатњо ва эзадњо болотар мешавад, ягонаест, ки тагйир намеёбад, нест намешавад, чуноне ки асли љањон, ё рамзи доимии он Брањман тагйир намеёбад ва нест намешавад.    
—Пас рафтори неку ахлоќи нек ба ў чї зарурат дорад?
—Упанишадњо мегўянд, ки њама чиз дар љањон бо ќонуни ахлоќї муайян мешавад. Њар чиз соњиби љон аст, тавлид мешавад, мемирад, сипас боз тавлид шуда мемирад, мувофиќи рафтору ахлоќи худ шахси бо кирдори бадахлоќона худро бадном карда сипас дар шакли њайвон, дарахт, ё санг таваллуд мешавад, вале бо рафтори нек њатто санг метавонад симои инсониашро баргардонад.
—Онон, ки дар њолати зишт ќарор доранд, дар умри гузаштаашон аќлоќи фосиде доштанд?
—Ин дар маќоми дигар аст: дар яшти «Пурушасукта» оид ба пайдоиши варнањо аз нахустинсон Пуруша њикоят мешавад: Брањманњо аз дањони Пуруша, кшатрияњо аз дасти ў, вайшйањо аз соќи пой ва шудрањо аз кафи пои ў пайдо шудаанд. Се варни аввал ду маротиба таваллудшуда њисоб меёбанд, ки зинањои баландтари камолотро тай кардаанд, шудрањо бори аввал таваллудшудагонанд, ки њоло камол наёфтаанд. Омезиш ва заношавњарии дигар табаќањо бо ин варн манъ аст.
Доир ба шудрањо дар Ригведои давраи аввал маълумоте нест, пас онњо аз љумлаи ањолии мањаллї буданд. Ин ва дигар афкори упанишадњо нишон медињад, ки вай як мафкураи аќлонї ва аз њаёти воќеї дур аст. Вале бо вуљуди ин, дар баробари майлони идеалистї дар он моддагарої дида мешавад. Дар Упанишадњо се хирадманд Шандил, Яљанавалк ва Удаллак мебошанд. Агар дуи аввал тарафдори љараёни таълимоти тавъам будани Атман ва Брањман бошанд, сеюми— Уддилака аќидањои воќеъбинона ва моддагароёна дорад. Вай табиатро ќувваи асосии офаридгор мењисобад. Њатто Атман тафсири дигар мегирад: Атман асоси заминаи моддии инсон аст. Маълум, ки ин таѓйирот дар асоси пешрафти илмии табиатшиносии њиндуњои ќадим ба вуљуд омада, асоси динњои минбаъдаро гузошт.
Вале Суврва тан надод. Бањс бо коњинони Њинд ба ў писанд омада. Онњо ба чунин озмунњои зењнї омода буданд ва роњате дарёфта бо камоли майл њарф мезаданд. Онњо зуд фањмиданд, ки Суврва файласуф ва ё роњиб нест, маълумоташ кам аст, аз ѓалабаи пешакї бар њарифи суст шодї мекарданд.
Суврва гуфт:
—Дар асли оини мо касоне ки Ростиву дурустиро дар фаъолияташон пешаи худ ќарор медињанд, њам дар зиндагии моддии худ комёб хоњанд шуд ва њам маънавиёти худро ѓанї гардонида, ба камолоти рўњонї ноил хоњанд гашт. Вахшури ориёї Аша Зардушт мегўяд, ки дар зиндагии созанда ростї бар дурўѓ, афзояндагї ба коњидагї ва дигар сифатњои њамидаи ахлоќї бар сифатњои разила  ѓолиб хоњад омад. Рост бошу биандеш ва рост бигў ва гоме љуз ростї барнадор. Рост бош, то шарманда нагардї, рост бош, то парешон нагардї, рост бош, то дармонда нагардї, ростї калиди растгорист. Ростї равони тоза ба зиндагии моддии мардум бахшад. Роњи рост якест ва он њам ростист, дигар њама роњњо бероња аст». Зиндагии хушу ба ком дар њарду љањон аз они касе бошад, ки бењтарин манишу роњи Ростиро баргузидаанд.
Роњиби пир навбати љавобро ба шогирдпешааш коњини љавоне дод. Ва љавон бо як љумла гўиё Суврваро дар майдони гўштигирї  ба пушт хобонд:
—Инсон дар дини мо, њиндуњо, бояд аз се хурофа бипарњезад: аввал— Боварї ба худоён ва парастиши онњо ба умеди бењбудиву файз. дувум—обтанї дар рудњо ба умеди пок шудан аз зиштињо. Севум—бовар ба шайтону найрангбозон ва пазируфтани онњо ба роњбарии динї ва андешањо. 
Суврва лањзае хомўш монд. Роњиби пир тасаллоомез ва насињатомез ба ў гуфт:
—Бале, њама роњњои мардумон ва њатто худољўињо аз иљтимоъ људо набуд ва дар ќатори њама таълимот карма низ маќоми иљтимої гирифта, сабаби азиятњои инсонро дар рафтору кирдори ў мебинад. Ва дар дини асили мо на худоён, балки мардумон соњиби сарнавишти худанд. Азобњои инсон абадї нестанд, муваќќатиянд, 
—Пас љањони менуї ба чи кор аст?
—Ба фикри мо, њарчи дар њаќиќат вуљуд дорад, гетист, љањони  заминист.
Шогирдпеша афзуд:
—Мактаби Чарвака—Локаята-дунёпарастон мегўяд: Њарчи њаст њамин аст, ки бо хавоси панљгона дарк карда мешавад. 
Брихасба ба њаќиќати ведањо бо тамасхур менигарист њисси инсонро манбаи њаќиќат ќарор дод, асосњои Ведањо ва Упанишадањоро зери савол гузошт.
Дар њамин фазои холї Љайния ба вуљуд омад: зиндагї мусибати мањз аст ва танњо домангири инсонњо шуда, балки тамоми мављудот ва набототу љамотро мубтало кардааст. Ба фикри онњо љайн-марди пирўз бояд панљ аслро риоя кунад: љонваронро накушад, дурўѓ нагўяд, чизеро, ки аз они худаш нест, нагирад, ориф бошад ва лаззати љањони љисмониро пушти по занад. Ба асли илоњї доштани ведањо ва хатонопазир будани онњо бовар надошт.
—Пас њаќиќат нест?— тамоман дар бањс дармонда ноумед шуда пурсид Суврва.
—Њаќиќат њаст. Дини мо бо 8 асл пиндор, гуфтор, рафтор, муљодила, тааќќул, касбу кор, ирода, нигоњи нек арзи вуљуд кард. Таълимоти он дар ритакањо, ба тариќи рамз иншо шуда, оид ба чањор њаќиќати олї бањс мекунад. Он кадом аст?
Брињасба бо ин савол ба шунавандагон мурољиат кард. Дањњо сар барафрохта шуд. Љавобњо даќиќ буданд:
—Таваллуду бемориву пирї ба мисли андўњу афсурдагиву ноумедї ранљовар аст.
– Иллати ранљ  майлу иштиёќи тавъам бо лаззату шавќу шањват аст.
—Ќатъи ранљ тавассути ќатъи майлу иштиёќ –тарки њавою њавас, чашмпўшї, дил кандан ва ѓайра ба вуљуд хоњад омад.
—Роњи расидан ба њаќиќат кадом аст?— бо алам пурсид Суврва.
—Роњи њаќиќат ва олї аќидаи дуруст, нияти дурус, кўшишу огоњии дуруст ва тамаркузи дуруст аст.
—Ана, ин љо мо бо њам мувофиќ омадем: охир асли дини мо њамин аст.
—Пас, њама динњо хубанд, њама динњо касро бо худо наздиктар мекунанд.
 Дертар аз ин љараён мазњабњои Њимаяна ва Рамаяна људо шуд. Буддоияро Ашоко Йардњано ба Чин, Тибет, Муѓулистон, Япония тарѓиб кард. Дњарама ќонуни ахлоќию иљтимої аст, Карма ќонуни сабабият аст, бо Ќонуни Ашо дар Готњо монандї дорад: Њар кас бо кирдораш зиндагии худро шакл медињад.
Сари Суврва гаранг шуд. Ў њаргиз тасаввур карда наметавонист, ки чунин гуфтан мумкин бошад. Афсўс хурд, ки дар чунин бањсе Зардушт њузур надорад. Бо дониши ў њама гуна упанишадњоро маѓлуб кардан мумкин аст.
То ба њавлї расидан хомўш монд. Барои аз њолати маѓшуш баровардани ў Даришика суњбат оѓоз кард, вале бо ин ба оташи ў равѓан рехт:
—Диди, мо чї дини аљибе дорем?
—Асли он бо дини мардумони мо як аст, аммо бисёр чизњои шигифтангез њастанд.
—Хўш…
—Упанишадањо чизи тамоман дигаранд, зандиќ њастанд.
—Дар љањон њељ сухане ба андозаи Упанишадњо судманду тасаллодињанда нест. Упанишадњо мояи тасаллои хотири ман дар њаёт буд ва пас аз марг њам тасаллибахши ман хоњад монд.
—Онњо ба асли ведоњо зарбаи њалокатборе мезананд: ба худо ба сурати холиќу мабдаъ ва њадаф мўътаќид нестанд,  бархе мардумон асли худи брањман—одами зиндаро асли осмонї,  ќариб одамхудо мењисобанд, бархе онро њаќиќати номушаххасу мутлаќ медонанд ва њатто рўњи кулливу вуљуди олами барин мепиндоранд.
—Аз амалњои худоњои Ведої аксари онњо инсонњои мўъљизакоре буданд, ки ќувваю ќудрати фавќуттабиї доранд. Њарчи бошад, шунидани ин ниёишњо ба ман тасалло мебахшад.
—Вале барои ман афсона менамояд, вале бо ин бисёрињоро гўл заданд.
—Киро гўл заданд?
—Бубин, дар љомеаи Њинд панљ табаќа, аз он љумла, як гурўњи «бетабаќа» њаст: брањман-рўњониён, кшатриа-љанговарону ашрофу умаро ва шоњон,  вайшйа-кишоварз, шудра-коргар, ки вазифааш хидмат ба он се табаќа аст ва парйа-бетабаќањо, ки ононро наљас, ѓайри ќобили ламс, ё худ махав меномиданд. Вале баъзењо табаќаи шудраро њанўз ташаккулнаёфта медонанд. Ва ин беадолатї аз таълимоти сансар сар задааст.
—Њамин хел аст, чи љои нињон кардан?
—Ба гумонам, дере нагузашта, аз дини мо дар ин љо дини дигаре мерўяд.
Њарду бародар кишоварз буданд, вале њарду бањс карданро дўст медоштанд Суврва мефањмид, ки дониши ў камї мекунад. Бинобар ин пешнињод кард, ки дигар ба дини ў кордор нашавад. Даришника ваъда дод. Ва минбаъд ба љои маъбад ўро ба сањро бурд, ки дилаш хуш шавад.
Панди роњибони пир аслан маъќулаш буд. Аз миёни љангали гулбасар гузашта аз дидани манзараи аљибе чашмонаш хира шуд: гўё Нуре аз марѓзори гулпўш љањида-љањида гузашт. Фаќат сари  аз китфаш партофта зани зебо буданашро ошкор мекард. Дар сару гўшу гардан, поњо, дастњо гулчанбарњо буданд. Њамоно майли дугонае дар сару дилаш пайдо шуд. Сар аз забони роњибони пир насињат мекард:
—Эњтиёт шавед аз нигоњи ѓаризанок ба зан, агар маљбур бошед, ки нигаред, тасаввур кунед, ки ўро намебинед; агар бо зан сўњбат дошта бошед, бо дили соф њарф занед, агар љавон аст, тасаввур кунед, ки хоњари шумост, агар боз њам љавонтар бошад, ўро чун духтари худ тасаввур кунед, ва агар зан солор бошад, дар симои ў модари худро тасаввур кунед. Агар мард майлу њаваси худро ба зан ќатъ накунад, рўњи ў ба мисли гўсолае ки ба пистони модараш дилкашол аст, то дер ба њавасњои заминї побанд мешавад ва ба камол намерасад.
Аммо дили Суврва чизи дигар мегуфт:
—Ин мўъљизаи худододро чун зочае аз замин озод бардор, болои шонањои пањнат биншон ва дар осмон парвоз бикун.
Духтари њинду Гита аз ин фурўтаниву худнигоњдории пањлавон Суврва бештар ба завќ меомад, љасуртар мешуд, як сабаби сустии ўро дар надонистани забони дравидї донист ва аввал шуда арзи муњаббат намуд. Зеро ки ишќ дар байни њиндувон озод буд. Вале Сувра чун аз боби фалсафаи брањманњо арз кард, духтар асли њолро фањмида хандид ва гуфт:
—Брањманњо рост гўянд: синни онњо аз 80-90 гузаштааст. Дар ин синну сол ба занњо бо чашми харидорї нигаристанашон ѓалат аст, зишт аст; онњо аллакай аз њама хушињои њаёт сер шудаанд. Мо аќаллан бист сол дар оташи ишќ сўзем, соњиби дањ писару духтар шавем, ана баъд дар сояи дарахт нишаста, ба љавонњо насињатхонї мекунем.
—Пас, ин гуноњ нест?
—Гуноњ он аст, ки зидди табиати офаридаи худо барої.
 Ё зан дар воќеъ духтари Ањриман аст, ё худо дар дилаш чи хисоли бузургвворї додааст, ки њама насињатњои њамќавмон, талабњои Маидийар, таъкиди роњибони Тўрону Эрону Њиндустон як тараф шуду, як дањан сухани дўшизаи кўчаки 20-сола Гита як тараф.
Ва озодии Суврва ба охир расид ва бо аќди никоњ анљом ёфт.
Вале ин бандагї ба ў ба дараљае роњат бахшид, ки муддате худрову замину замонро фаромўш кард ва таассуф хўрд:
—Ба сиву ду даромада, то њол аз ин бахти њаќиќї бенасиб будаам, 32 соли њаётамро бењуда сўхтаам. То њол дар куљо будї?
Гита фаќат табассум мекард. Ба њар њол забони ориёнро донистани ў на ба њадде буд, ки тамоми фалсафаи пурэњсоси Суврваро фањмида тавонад. Бинобар ин,  ба љои сухани љавобї ба гардани Суврва гулчанбари бо муњаббат сохтаашро овехта, муњаббати худро изњор кард:
—Ишќа девона-ње.
Суврва гумон кард, ки ўро ба пуррагї фањмид ва осемасар такрор кард:
—Бале, бале. Девонаи ишќи туям…
Њарфи ишќ бе сухан ба дилдодагон фањмо буд…
 
81. ЉОСУСИ БРАТРОКРЕШТУР

Љосус ба сурати дарвеши бохтарї омад. Посбон роњи ўро гирифт. Љосус зар доду посбон ба ў рухсати вуруд. Вале њар оина пурсид:
—Куљо равонаї?
—Заур оварам ва намоз гузорам.
Посбон бастаи дасти Љосусро даст-даст карда дид ва ќонеъ шуда гуфт:
—Ња, шир, нўшобаи Њаома, пињи гўсфанд.
—Мехоњам ба оташи Муќаддас заур оварам.
—Бихон ояти «йата ању ваирйа»-ро.
—Ман ба тозагї гаравидам ба дини бењин ва њоло намоз пурра надонам…
Посбон бо ишораи хоса сар љунбонд ва роњ дод.
—Нек аст. Ба он дари кушода бирав. Эзид ниёзи туро ќабул кунад.
Посбон љосусро фиристод ба дари дигар.
Љосус ба долони дароз ворид шуд. Ва ќадамњои худро дар дил њисоб кардан гирифт:
—Як..ду… се…
Ин долони изадбону Аредвисура будааст. Ва дар охири долон њайкали ўст: муљассамаи зани зебоест, камарбанде ба миёни борики ў баста, пистонњояш бардамида, бо њусну малоњат ва чашмони зиёбахшаш ба њар бинанда нерў, тавоної ва боварї мебахшад. Вай дар назари љосус ба мисли эзадбонуи зебои зинда намуд.
 Љосус мафтуни Аредвисура шуд ва беихтиёр саљда кард.
 Дар назараш расид, ки Аредвисура даст бардошт ва маломате кард барои пиндори нохубаш. Дар пояи њайкал навиштаљоте бо хати авастої дид ва хонд: «…Њарки бо пиндори бад ояд ва тавба накунад ва ин маъбадро хароб кунад, рўзгораш тира шавад, давлату сарват ва умраш завол ёбад, девон бад-ў чира шаванд, аз зану фарзанд баракат набинад».
 Љосус тавба кард. Бо њарос ба пояи њайкал сар монд, вале сар бардошта њайрон шуд. Ба худ гуфт:
—Њайкали оддии гаљист.— Худро дар дил маломат кард.—Бок нест. Тартиби кор чунин љодувона аст. Пеш бояд рафт.
Љосус аз бари њайкал дари дигаре дид, ки кушода аст. Даромад.
Садои пўшида шудани дар баланд гашт. Инро шунида дар дили љосус тарс пайдо шуд.
Вале дар чашми њайкал љунбиши нурро дида, ба дилаш вањми бештаре љой шуд. Худро тасалло дод:
—Осуда бош… Ин љо чи сиррест. Њоло месанљем.
Нигине дар ангушт дошт, бо эњтиёт дар пояи њайкал гузошт. Ба дари чап рафт, ба долони нав расид ба дасти рост. Даромад, ба охири долон расид, ки дари долони пешина пўшида шуд. Он љо њайкали эзади Бод-Андарвой гузошта шудааст, ки беихтиёр тавба кард. Њамин тариќ, чандин долонро гузашт, ба чањор долони дигари печ дар печ даромад, ки њайкали эзадњои Замин ва ѓайра гузошта шудаанд, вале мењроби Оташи муќаддасро надид.
Нињоят ба долоне расид, ки нигини дасти худро дасти худро он љо гузошта буд. Њайкали Аредвасураро дигаргуна дид: чашмонаш сўрохи холї буд. Ба дилаш заъф омад. Бо шаст ќафо гашт ва ханљар аз наём баркашид, аммо дер шуда буд.
Посбони зўрманде ўро интизорї мекашад. Чашмонаш дурахшиданд. Ин чашмњо њамранги чашмони њайкали Аредвасура буд, ки чанде пеш дар косаи чашмони муљассамаи Аноњита медурахшиданд.
Љосус ханљаре аз зери  љомааш гирифт, носазо гуфтан гирифт.:
—Ийти, йатна, ањмої, аваета, ийса, йатна, кањмої! Ман натавонистам ин оташи Зардуштро фурў нишонам. Инак, њама тару хушку бузургу неку зеборо ба њам даромезам, то Ањуромаздо ба тангно афтад.
Љосус хост, ки бо ханљар ба њама муќаддасот  ва оташ ханљар занад, то  макрўњ гардонад ва нагунсор кунад, аммо дасташ ларзида, ханљар пояи њайкалро аќаллан хароше надод.
Чашмони посбон дурахши бештаре карду хандид. Љосус нигарист, ки њамоно њайкал аст.
Аз заъфу таъсири чашмони њайкал  ханљар  аз дасти љосус афтод.
—Маро бубахшой. Рањм бикун…
Боз дар назари љосус чунин намуд, ки њайкал неву посбони пурќувват  ба ў бо ѓазаб менигарад ва посбон  садо кард:
—Ѓаризаи ту барафкандани оташкада аст?
—Бале, аммо ман ќоим шудам ба шумо, эзадњои Маздоясно. Гуноњи маро бубахшед. Мехоњам ба дини бењини шумо гаравам.
—Фиристодаи кистї?
—Ањриман маро аз роњ зад.
—Фиристодаи кистї?
—Ин зар бигир ва дигар чизе напурс.
—Хаёли хомро як сў гузор.
Чашмони посбон дигаргуна дурахшид. Љосус ханљари худро гирифт ва бо дастони ларзон ба синаи посбон заданї шуд. Ўро наёфт.
—Куљої?
Посбон боз ба њайкал мубаддал шуд ва хайрхоњона  амр кард:
—Худкушї бадтарин гуноњ аст ва онро њељ  подафрае нест.
—Бале.
—Бењтар он аст, ки ба дини бењин гаравї.
—Ман ќабул кардам дини бењинро…

82. БАХТИ ФАРЗАНДОНИ ЗАРДУШТ
 
Чун њама мардони соњибдил  шоњ ва ањли дарбор дар фикри он шуданд, ки ба  марди некдил ва нобиѓа Зардушт вазифаи волое дињанд. Дар љамъомади дигар Кайвиштосп ба Ашу Зардушт гуфт:
—Туро мебояд, ки сари њама вазирон бошї ва ба роњи дуруст њидоят бикунї.
—Худованд маро баргузидааст, ки динбурдори вай бошам. Агар дар пайи вазифае бошам, халалњо эљод шавад ва ин кори бузург иљро кардан натавонам.
Њарчанд шоњ Кайвиштосп ва бидахш Љомосп ва дигар сарону номварони кишвар хоњиш намуданд, Зардушти Спитмон барои вазифае ризоият надод ва гуфт:
—Агар барои ман некие мехоњед, бигузоред, ки бар мањалњо ва шањру вилоятњо биравам, то кеши Маздо Ањураро таблиѓ кунам.
—Нек бошад,— шоњ инро писандид. – Барои ин кор тањамтан Зарир ва Рад туро њамроњ ва њамсафар шаванд.
Пас аз сомон ёфтан аз шоњи бузургтарин мулки љањон Зардушт то 35 соли дигар бо комёбї зист ва дини бењиро бо њамкорон густариш дод, вале њаргиз љоњу љойгоњи шоњона ва сарвату дороии дарбориён чашмони вайро хира накард.  Ва ў худро набохт, бо бузургвории худ њамон монд, ки дар оѓози кори худ буд. Пас аз комёбии дурахшони худ низ Ашу Зардушт њамон родмардест, ки дар сисолагии худ буд ва њамчунон бо пешвоёни дурўѓин, фармонравоёни ситамгар ва сармоядорони судхор дар набард аст ва ёри аљрдидагону  ситамдидагон аст, ки буд. Ў бархоста,  то њар касе бо доноиву тавоноиву кору кўшиши худ подош ёбад ва зиндагонии судмандеро дар оромишу ромиш ба сар кунад. На ситамгар монад на ситамдида, на тавонгари зўрварз монад ва нотавони бекас. Агар касе дар ин миён дигаргун шуда, он пешвоёну фармонравоёну сармоядорон њастанд, ки нек роњнамое шудаанд ва дини бењиро пазируфтаанд  ва, инак, иљтимоъро дигаргун месозанд.
Фрашаоштра, ки аз андешаи зиёд ва њилањои дарбориён борњо дармонда ва афтодаву хеста, муйњои сараш бакуллї сафед шудааст, бархост ва рухсат пурсида назди шоњ омад ва бо овози нимшунаво гуфт:
—Ба њар оин, дарбор ќонунњои аљиби нонавиштаи зиёд дорад. Агар ўро вазифае набошад, суханаш ќадр накунад ва агар бо ањли дарбор ќаробати хунї надошта бошад, батамом эътибор надињанд ва њар гоњ дасисањо бикунанд. Маслињат он аст, ки ин марди бузург бояд бо хонадони асилзодагон пайванди хешї дошта бошад.
—Маслињат чист?
—Мебинам, ки миёни хонадони мо ва хонадони Зардушт мењри ќавие падид омадааст. Бародари ман Љомосп бар духтари кўчаки Зардушт дил бастааст. Шояд ки ин муњаббат барои пешравии кори мо мадад кунад.
—Њамин кофист?
—Боз мебинам, ки ба кори ин марди нек духтари бузурги ман Њвови пайваста мадад мекунад ва байни эшон њамдигарфањмие њаст. Зардушт марди ѓариб аст ва зављаи ў  фавтидааст.
—Фањмо,—сухани ўро бурид шоњ. —Ин аст сабабгори љонпайванд шудани омўзгори бузург бо хонадони бидахшњои бузург. Ин тарафи корро мо њамроњи бузургвор маслињат бикунем. Писарони Зардуштро низ манзалати хоса мебояд.
Барои Исадвастр, писари бузурги Аша Зардушт артиш писанд буд ва ў лашкарї шуд.
Арватаднаар рўњонї шуд.
Писари хурдї Хуршедчењр њанўз кўчак буд. Ва боѓу замине, ки дар љойи барњавое барои оилаи Зардушт људо шуд, ба ў писанд омад ва пайваста байни гулу гиёњон мегашт ва кишоварзи бењтарини кишвар гардид.
Духтарони бузурги Зардушт Френи ва Трити бо рўзгори худ банд буданд. Танњо Поуручиста муљаррад буд. Аммо аз нигоњи аввал ба ў бидахши љавони зебову доно ва одил писанд омад.
Ва ин маслињати назди шоњ  идомаи мантиќии њамон муњаббатњои табиии инсонї буд, ки аз рўзи аввал, аз дидори аввал байни онњо падид омад ва ориёињои дар дину муњаббат озод онро ќонунї карданд.
Аша Зардушт бошад, ѓарќаи навиштан буд, андешањои худро мураттаб мекард, ки дертар номи Авесторо гирифтанд.

83. ПОУРУЧИСТА ИНТИХОБ МЕКУНАД

Барои Аша Зардушт, ки бањри озодї ва ростї мекўшид, интихоби озодонаи њамсар барои фарзандонаш басо муњим буд. Чун аз духтари бузурги худ Френи ў ризо будани Пуручистаро фањмид, шод шуд. Аслан, аз ќадим ориёињо дар интихоби њамсар озод буданд, вале бењтаринаш он буд, ки бо интихоби падару модар ва ризоияти арўс ба вуљуд ояд ва ў зани аввал ва ягона бошад. Маълум, ки дўшизагонро бармањал дар синну соле ба шавњар медоданд, ки њанўз маслињати дурусте аз онњо баромаданаш мушкил буд ва бинобар ин, дар аксари мавридњо ризоияти волидон њама корро њаллу фасл мекард ва ин њам маълум аст, ки агар заррае ранљу озурдадилї дар нињоди арўс љой ёбад, њаёти минбаъдаи ўро чун зањри њалоњил талх мекард. Бинобар ин, Зардушти инсонпарвар ва ситоишгари озодии инсонњо дар рўзи никоњ интихоби озодаи ин дўшизаи хеле љавони њанўз дар зиндагї бетаљрибаро дар назди њамагон даќиќан ифшо кард.
Ў назди њозирин гуфт:
—Бењтарин орзуи Зардушти Спентамон бароварда шуд, зеро Худои Доно аз партави ростї ба вай фаровонии љањони минуї ва моддї ва зиндагии нек барои њамеша арзонї доштааст ва то ин ки касоне, ки бо вай душманї меварзиданд, акнун гуфтору кирдори дини бењиро омўхтаанд.
Бишавад, ки Кайгуштосп, Зардушти Спентамон ва Фрашаоштра њамвора бо андешаву гуфтору кирдори худ барои ситоиш ва бузургдошт Худои доноро хушнуд созанд, то роњњои рости диниро, ки Худо ба судрасон намуда, бипаймоянд.
Шоњ тасдиќ кард:
—Мо дар пайи хушнудии Худованд ва мардумонем.
Сипас Зардушт ба духтараш рўй оварда гуфт:
— Эй Поуручистаи Њаечадаспии Спитмонї,  эй кўчактарин духтари Зардушт,  Маздо Ањура он касро, ки ба Маниши нек ва Аша сахтбовар аст ва номи неки ў Љомоспи Њвогва мебошад, ба анбозии зиндагї бар ту мебахшад. Бо хиради хеш њампурсагї бикун ва бо дониши неку афзояндаи ороиши судманд рафтор бикун. Ва љавоби ин ањволи моро дар назди њамагон ва дар назди Ањура Маздо—худованди огоњ бигўй.
Поуручиста аз њаёи духтарона то баногўшаш сурх шуд, лањзае хомўш монд ва бо овози нозук вале баланд ва зебои худ чунин љавоб дод:
—Бегумон ман ўро, ки барои падариву сарварї гуморида шудааст, баргузидам ва ба ў мењр хоњам варзид. Бошад, ки дар зиндагї фурўѓи Маниши нек бар ман битобад ва ашаван зане бошам дар миёни ашаванон ва Маздо Ањура омўзишњои дини некро ба ман арзонї дорад.
Њама аз ин љавоб хушњол шуданд ва мењр бар ин дўшизаи доно бастанд.
Зардуштро низ хуррамие дар дил рух дод. Дар он маъбад боз чанд љуфти дигар интизори оини никоњ истода буданд. Ва Зардушт ба њамаи онон мурољиат кард:
—Суханам ба шумост, эй наварўсон ва эй тозадомодон! Онро дар маѓзи худ љой дињед ва дар даруни худ дарёфта, зиндагониро бо Маниши нек ба сар кунед. Бишавад, ки њар як аз шумо бар дигаре дар ростї бартарї биљўяд. Бегумон, чунин талоше зиндагонии њар кадом аз шуморо комёб хоњад сохт.
Њама ба ишораи тасдиќ бо њаё сар хам карданд.
Ў давом дод:
—Эй мардону эй занон, дар ин љањон ин рост аст, ки дурўѓ дилрабо воменамояд, вале ин њам рост аст, ки он шуморо аз хештан дур мегардонад. Анљоми он бадномї ва нооромист. Он шодии дурўѓкоронро табоњ месозад. Он Ростиро мешиканад. Бо чунин корњост, ки шумо зиндагии минуиро барбод медињед.
Аммо бањраи анљумани муѓон то рўзе аз они шумост, ки дар зиндагии заношўї, чи дар фарохї ва чи дар тангї дорои волотарин мењру мењрубонї њастед. Аз ин роњ аст, ки шеваи андешаи дурўѓкор нобуд мегардад. Агар шумо ин анљуманро рањо кардед, вопасин сухани шумо «вой» хоњад буд. Бо ин корњост, ки бадкорон фиреб мехўранд ва чун бо ришханд рў ба рў мешаванд, бар якдигар фарёд мекашанд. Бишавад, ки ба дастёрии фармонравоёни хуб осебу куштор банд ояд ва Оромиш ба хонањову ободињо дар ояд ва озор нопадид гардад. Он кас аз њама волотар аст, ки роњи куштанро мебандад. Бишавад, ки чунин коре њарчи зудтар анљом гирад!
Кор бо бадоварон аз арљи як кас мекоњад. Инон хашмгиноне њастанд, ки Ростиро мешикананд. Инон базањкоронанд. Куљост сарвари росткор, ки дар баробари инон бо љону дил ва озодона биистад. Он, эй Худои Доно, дар Шањриёрии туст, ки ба ситамдидаи росткор ва бењтаре мерасад.
Мубад љуфтњоро никоњ кард. Дар ин байн никоњи Аша Зардушти 42-сола бо Њвови,  духтари бузурги вазир Фрашаоштра низ баргузор шуд.
Ва аз он рўз чунин озодии баргузиниши њамсар байни ниёгони мо ба расмият даромад, ки то имрўз идома дорад.

84. ФАРРАКОСТОРЊО

Ба Аша Зардушт зарур омад, ки дар баробари густариши кеши нави маздоясної, дар баробари густариши ќонунњои Аша – Ростиву росткорї ба ин мардумони љоњталаб пайваста дар набард бошад  ва ба онон фарракосторї накардан биомўзад. Вале њама дар ин љањони гетї худро њаќ баршуморад.
Ва замоне Ашу Зардушт бо дарди шадид эњсос кард, ки мардум аз тасаввури эълом кардани девон хулосаи дигар бардошта, кирдори бади худро зиёд карданд. Пайравони ў аз он љумла Асмухвонвант пешнињоди аљиб намуд:
—Мебояд, ки дар кеши нав муддате аќаллан чанд камоладеви пурзўрро нигоњ дорем, ки бо онњо чашми мардумро битарсонем. Њарчанд, ки девонро инкор ва накўњиш бояд кард, илољи дигар нест. Аќаллан модадевон Љайни ва Љањї –Љањикаро барќарор кунем. Вагарна, ваќте ки ин мардум  аз табањкории девон наметарсанд, ба роњи нек гаравидани онњо мушкил мешавад
Аммо Аша Зардушт ба ин розї нашуд:
—Маздаясно бояд на бо тарсу зўрї, балки ба неруи хирад ќабул шавад ва дар хуну пайванди мардумон љой гирад.
Ин аќида барои зудтар ба маќсад ноил шудан ба њар њол андак-андак пинњонї аз Зардушт истифода шудан гирифт, вале баъди даргузашти Аша Зардушт бештар ављ гирифт ва девону париёни тасаввурї чандин муддат дар пањлуи эзадону Амшоспандон бо шўру шарр љумла корњое мекарданд.
Ашу Зардушт медонист, ки девону париён њарчанд зишту патёраанд, натавонанд ба мардумон бештар аз худи мардумон зарар расонанд. Аз рўзи аввал Ашу Зардушт дид, ки Бендва ба забон Кеши навро писандидааст, вале дар кирдор бадтар аз он коре мекунад, ки пештар дошт. Аз он, ки девонро мављудоти тасаввурї эълом намуданд, дигар аз чизе сари тарс надошт ва худ ба деве мубаддал шуд. Барои њаќи дурусте худи љабрдидагонро љабри наве мефармуд, барои порае зар ба њама дузду роњзан роњ мекушод. Ва кор ба љое расид, ки њатто ба падари худ обро мефурўхт, аз њамон оби љўе, ки барои кофтани он аз хазинаи шоњї симу зар оварда буданд.
Зиёдтар аз он, Бендва барои обрў пайдо кардан дар назди шоњ њисобот дод, ки њамагон ба Кеши нав гаравиданд. Аммо Ашу Зардушт дид, ки аксаран њатто ёде аз Кеши нав намекунанд.
Аз ин рў, дар мулоќот бо хосон дар вилояте, ки Бендва њоким буд, сўњбат тунд гузашт. Бо ишора бар норасоињо дар кори зантупати Ашу Зардушт сељи нињонравонро мисол овард, ки аз гуфтору кирдори ноашаванонаи мардумон неру мегирад.
 Чанде ба њайрат омада пурсиданд: 
—Чист он, ки неруи Марешуана, он сиљи  нињонравонро меафзояд?
—Кирдори касест, ки кеши нодурустро биомўзад ва касеро гумроњ кунад, кирдори касест, ки се солро куштї набаста ва Гоњон носуруда сипарї кунад ва бе ситоиши изадбонуи обњо бигзаронад.
Чанд асилзода гуноњњои доимии худро ба ёд оварда, шарм доштанд ва сар хам карданд.
Ашу Зардушт идома дод:
—Шумо дар назди довари заминии худ њаќро ноњаќ мешумареду ноњаќро њаќ. Аммо дар назди эзади эзадон фардо чї љавоб хоњед дод? Кирдори касе, ки он гунањгорро зиндон накунад ва ё гунањгори ба зиндон гирифторро озод кунад, бењтар аз он нест, ки мардеро зинда пўст канад ва сар бибурад!
Шўре дар дили мардум бархест:
—Њаќќо ки бояд чунин бошад. Аммо бо офарингўї бар додситон ва илтиљо ва порае зар њама гунањгорон аз подафраи гуноњњошон рањо ****д.
Аша Зардушт шўри эшонро зиёдтар кард:
—Киро офарин мегўед? Додситони ноашавани сустбунёди зардўстро? Бидонед, ки эзадон эзад чї мефармояд:
Офарингўї бар тани як ашмуѓи ноашавани табоњкор аз дањони офарингўй фаротар намеравад.
Офарингўї бар тани ду ашмуѓи ноашавани табоњкор аз забони офарингўй фаротар намеравад.
Офарингўї бар се тан носудманд аст.
Офарингўї бар чањор тан нафрине бар офарингўист!
Чанд марди думўй ба Аша Зардушт офарин гуфтаанд.
—Офарин, ки додгустарї чунин мебояд.
Бендва бо бањонаи кори заруре бархест ва њанљаманаро тарк кард.
Мардум ба тарафи марди сарватманде нигаристанд, ки њамин рўз бародарашро бар ивази молу зар халос карда буд.
—Ин дархўрди туст.
Марди аз ин љазо ноогоњ тарсида иќрор шуд ва гуфт:
—Аввал ба њаќќи девону ањурањо миязду заур мебахшидем, то бародарро аз зиндон рањої бахшад. Њоло њамонро ба дасти ин додварзон додем.
Аша Зардушт бештар барошуфт ва ўро мањкум кард:
—Бидонед: на танњо чунин додварзи ноашаванонро симу зар додан гуноњи нобахшиданист, њатто касе, ки Ашмуѓи ноашавани табањкорро шираи Њаум ё порае аз мийазди офарин бар он хонда бидињад, кирдораш бењтар аз кирдори он нест, ки бо њазор асп ба шањрњои маздопарастон битозад ва мардумонро аз дами теѓ бигузаронад ва галањои говонро ба торољ барад.
Он рўз ба назари шунавандагон чунин менамуд, ки ё эзадон ба дењи онон омада ба онњо Нуре аз худ таљаллї намуданд, ё худи онон аз суханњои Аша Зардушт ба худоёни нек чанд ќадам наздиктар шуданд.
Вале албатта, њоло бисёр суханњои ин вахшури некдил барояшон нав буд, барояшон ќабулнашаванда буд, барояшон мушкил буд. Аммо дар дил эњсос мекарданд, ки дар рўзгори якранги сангини пур аз мушкилоти чун оби кўли бадбўшуда бозмонда як нури равшан, як роњи нав, як маљрои тозае падид омада ва онњоро аз љое ба љое хоњад расонд.   

Ваќте ки ба дасти Бањман Бадахшони њамшафат бо Суѓд расид, деги майишати Рад ва Бендва низ баробар љўшид. Бањман аз он, ки корвонњоро гоњ-гоњ ѓорат мекарданд, нороњат шуда, аз Рад ва Бендва барои таъмини бехатарии роњи корвонњо маслињат пурсид. Вай њамон Роњи Лољувард буд.
—Чї мебояд кард, ки лољувард ва дигар сарват ба соњибонашон расад?
Њарду баробар изњори шодї карда дод заданд:
—Дар кўњистону биёбон таъмин кардани бехатарї мушкил аст, бино бар ин лољувард ва симу зарро дар пушти хараке нињон кун ва сангњои сурху кабуди оддиро ба љои лољуварду даъли Бадахшон бигузор ва дар шутурњо барбанд.
Бањманро ин маслињати оддї писанд омад. Вай чанд маротиба кор дод.
Вале аљибтар аз њама ин буд, ки њангоми њуљумњои навбатї ба корвонњо аз њамон хараки оддї њам лољуварду тилло ѓайб задан гирифтанд. Бинобар ин Бањман маљбур шуд, ки худ ба њимояи корвонњо барояд.
Рад ва Бендва ўро девона њисобиданд.
—Чунин кор касе кунад, ки магарам шири хар хўрда бошад.
—Чаро?—њайрон шуд Бањман.
—Бубин, рањи корвон дур аст, манзилњо пур аз девону роњзанон, агар худ бигирї ва гўї роњзанон бурданд, кї исбот тавонад кард, ки лољувард дар дасти ту мондааст?
—Э-эњ…
—Мо хомўш мемонем.
—Дањони пўшида сад туло.
—Фањмидам.
Бори дигар дўстони дил пур аз ѓаризаи сиёњ ба ў маслињат доданд, ки ба шоњ арз кунад, ки корвонро роњзанњои вилоятњои њамсоя—суѓдиён ё дањйуињо ѓорат кардаанд. Онњо мехостанд бо њамин кудурат дар дили шоњ зиёд шавад ва рўзе Кайвиштосп ба љанги онњо бархезад.
Вале бо вуљуди девсиратї Бањман аз эзадон  метарсид ва худро назди шоњ ва офаридгор ќарздор мењисобид. Гоњ-гоњ лољувардро аз корвонњо худ медуздид ва ба дўстони ба ќавли худ донояш мийазду заур медод. Фаќат як камбудї дошт: дар умќи љањолат аз ягон љазои зердастон њазар намекард.
Рад барои ноўњдабароияш Бањманро њар сари чанд ваќт ба шоњ мазаммат менамуд. Бинобар ин Кайвиштосп аз Аша Зардушт хоњиш кард, ки барои ба роњ мондани дину имон мањз ба вилояти Бањман биравад. 

Дар њанљаманае, ки дар кохи Бањман гузашт, низ њамин бањс буд ва мардум њамон мардуме буданд, ки дар зоњир ба кеши нав гаравидаанд, аммо чї будани онро пурра дарк намекарданд. Сарварони хурду калони вилоят бошанд, то андозае аз талабњои кеши нав огоњ буданд, аммо гумон доштанд, ки ин кори кадом як шоњу муѓон аст,  вале на шахсан худи онон; барои зердастон аст, на барои онон, барои занони дигарон аст, на занњои онон; дар сухан њама тарафдор буданд, зердастонро бо он накўњиш мекарданд, дўстонро бо он он панд медоданд, маъшуќањояшонро бо он насињат мекарданд, вале иљрои бевоситаи онро шахсан аз љониби худ њаргиз зарур намешумориданд.
Ашу Зардушт таъкид кард:
—Ќонуни Ашї—ќонуни пойдории гетист ва аз њар яки шумо талошу хешкорї талаб мекунад. Вале шумо бо ин кирдори ноашаванона фуруњари менуии худ коста гардонед, фравашии некўи худ нобуд кунед.
Касе бељуръатона пурсид:
—Фуруњар худ чист?
Сўњбатњо дар бораи неруи менуи инсон, вазифаву манзалати инсон идома ёфт.
—Танњо ашаванону порсоён ва ростипарастон нигањбони онњо бошанд. Фравашии марди гунањкор бо бўй ва равони ў дар дўзах ба сар  хоњад бурд.
—Девон чї?—такроран пурсид он мард, ки то њол девпарастиро идома медод.
—Аммо дев ба манзалаи фравашии шахси гунањкор аст: ўст, ки дар њамаи њастии хеш њамсони дев аст; ўст, ки пеш аз марг њамсони дев аст ва пас аз марг яке аз девони нопайдо шавад. Офаридгор мехоњад, ки фравашии вайро, ки бузургтарин, бењтарин, зеботарин, устувортарин, њушёртарин, бурзмандтарин ва дар Аша баланпойгоњтарин менувиён аст, биситоем..
—Метавонад ки девпарасте ё ноашаване бо тавба соњиби Фраваши гардад?
—Бале, дар натиљаи хешкорї тавонем, ки фравашии худ пурзўр гардонем, вале бо гуфтору рафтору кирдори бад шумо ба љумлаи фарракосторон ворид шавед.
—Маънои хешкорї чист?
Аша Зардушт борњо, такрор ба такрор дар бораи фуруњар ва хешкорї ва роњи Ростї суханњо гуфт. Ин суханњо ва ин мафњумњо наву бикр буданд ва дар сўњбатњои пасин низ батакрор мардумон онро мепурсиданд ва њар љои наве Ашу Зардушт сухан мегуфт, нав мегуфт, ё ба сифати наве ин вожањоро кашф мекард.

85. ЗИЁ ВА РИЁ. РАНЉИ БЕОХИР

Суханњои Зардушт чун шаддањои зарину симин аз осмон мерехтанд:
—Эй азизон, эй мардуми аз дуру наздик омада, ай мардону занони ашаван, бишнавед. Мардумиро аз ќут чора нест. Вале бархе аз мардумон ба худ гуфтаанд, ки њама умр ѓуломи тан будан кам аст. Ва Ањура Маздо ба онон рањи Маниши нек, хиради менуї, љањони нурро нишон дод. Вале огоњ кард, ки ин рањ басо мушкил аст. Мушкилї дар пиндори шумо хоњад буд, ки борњо шояд аз баргузидани ин роњ шумо пушаймон шавед. Вале њарки озими ин рањи нур шавад, дар дилаш хуррамии рўзафзун пайдо шавад, њарки дар олами зиё аќаллан ба пояи андаке расад, мартабаи шоњї дарёбад, њарки ба пояи баландтаре расад, умри абад ёбад ва дар сафи ќуддусон љой бигирад. Шуморо ба диёре рањнамої кунам, ки аз нури бињишт равшан аст.
Вай олами нур аст.
Вай олами зиёст.
Вай олами менуист.
Вай олами наљот аст... 
Дар дилу дидаи фарзонагон равшании љилоноке падид омад ва аќлњоро рањнамун сохт ба пояњои баланд ва  садњо пиру барно ба омўзиши нек пардохтанд ва рањ паймуданд ба сўи зиё, рўшної, нур—ба олами илму адаб, ба ќонуни абадияти Аши ва Аша. Вале аз он, ки зиё падид омад, ќисме аз бењунарон ба дањшат омаданд. Зеро ки бе сиришти зотї ва бе зањмату ранљи тан кас наметавонад ба љое бирасад. Вале онон, ки умре ба мансабу маснаде худро шод мекарданд, њоло коњил гашта, омўхта наметавонистанд ва сиришти зишти зотиашон онњоро ба рўшної бурда наметавонист. Пас ноилољ монда, сар ба даргоњи палидиву нопокї—девондев Ањриман нињоданд ва нолањо карданд, ки ба додашон бирасад. Ва Ањримани бадпиндору бадгуфтору бадкирдор ба доди онњо расид ва чизе биёмўхт, ки онро бар муќобили зиё —Риё номид. Ва он  њама бењунарони бемоя дар пайи танидани торњои ноаёни зањрогини маргбор  ба мансабаке ноил мешуданд. Вале азбаски бо ин турбаи холї аз њунару дониш наметавонистанд дер поянд, аз дасти њамдигар гирифтанд ва сафедро дар назари њама сиёњ мегуфтанду сиёњро сафед. Ва зиёванди бечора бо њама донишу хирад пеши онон њељ кор карда наметавонист. Ва њоли ањли зиё танг шуд. Ва деви риё он ќадар пурзўр гашт, ки њатто баъзе ањли зиё барои осонтар ба домани маќсуд расидан аз риё истифода карданд. Вале аз њосили он чандон шод шуданд, ки батамом ба ќаламрави он даромада, ба худ ва њоли худ лаънат хонданд, ки замоне ѓуломи њалќабаргўши зиё буданд, умре ба омўхтану порсоиву накўкорї машѓул шуда, аз њама моли гетї мањрум монданд.
Аша Зардушт дид, ки мубадону мубадёрон њама аз нўшидани њаум сархушанд, њарчи аз дањон омад, мехонанд ва онро ниёиш меноманд.
Дид, ки байни онон касоне низ њастанд, ки ягон њарфе аз маздаясно надонанд. Афсўс хўрд ва ба худ андешид, ки чи кор кунад. Зеро ки ин маъбадњо тобеъи Рад буданд. Ва Рад дар ин ќаламрав њукми шоњро дошт. Бештар њоли мардумро биёмухт, то ба љое расид, ки мубадони аз ин њол норозї дар мулоќотњои хос ва ом чунин саволњо медоданд:
—Чаро некманишон њама хоранду бадманишон рўи кор?
Он гоњ Аша Зардушт бо њамон табассуми малењ, вале оњанги ќатъї љавоб дод:
—Дар ин пурсиш чунин гуфт Ањура Маздо: «Эй Зардушти ашаван! Касе, ки паном дар дар дањон бандад, аммо камар ба нигањдории дин набаста бошад ва њар гоњ бигўяд «ман отурбонам», дурўѓ мегўяд. Эй Зардушти ашаван, ту ўро отурбон махон.
Касе ки храфстраѓан бар даст гирад, аммо камар ба нигањдории дин набаста бошад, њар гоњ бигўяд «Ман отурбонам», дурўѓ мегўяд. Эй, Зардушти ашаван, ту ўро отурбон махон.
Касе ки дастањои барсам бар даст гирад, аммо камар ба ин набаста бошад ва њар гоњ бигўяд «Ман отурбонам», дурўѓ мегўяд. Эй Зардушти ашаван, ту ўро отурбон махон.
Касе ки аштра маирйаро ба кор гирад, аммо камар ба нигањдории дин набаста бошад ва њар гоњ бигўяд «Ман отурбонам», дурўѓ мегўяд. Эй Зардушти ашаван, ту ўро отурбон махон.
Касе ки дар дарознои шаб бихобад, «Ясна» ва «Гоњон» насарояд, дар гуфтору кирдор парестор набошад, њаргиз наомўзад ва наомўзонад ва орзуи зиндагии љовидона дошта бошад, њар гоњ бигўяд «Ман отурбонам», дурўѓ мегўяд. Эй Зардушти ашаван, ту ўро отурбон махон».
—Пас отурбон кист?—тоќат накарда пурсид нафаре.
Рад ба хубї дарк кард, ки ин санге бар пояи кохи шишагини ларзони ўст, ки њамин њоло метавонад пош хўрад. Бинобар ин норозиёна гуфт:
—Отурбон касест, ки пайрави мо бошад, заур биёрад, ќурбонињо кунад… Барои шумо, мардуми авом, њамин кофист.
Аша Зардушт ба ин савол омода буд. Гуфт:
—Ањура Маздо гуфт: «Эй Зардушти ашаван! Ту касеро отурбон бихон, ки дар дарознои шаб биншинад ва гўёи хости худовандї шавад, ки одамї чї гуна метавонад аз нигаронї рањої ёбад ва бо диле кушода ва саре пурумед ба сари Чинводпул бирасад ва аз љањони дигар –љањони Аша, љањони шукўњманд бењтарин љањон-бињишт бархурдор шавад.
Эй некукор, аз ман бихоњ, ки офаридгорам, ки бењтар аз њама офаридагонам, ки бењтарин посухгўяндаам њар пурсишеро, ки аз ман шавад. Аз ман бихоњ, ки туро бењтар аст, ки туро шодибахштар аст.
Дар дили парастандагони асил рўшанї бештар шуд, вале дилњои тори ањли риё ториктар гашт. Аз он љумла, нахустин фикре, ки дар сари Рад пайдо шуд, њамин буд, ки дар назди Кайвиштосп вахшур Зардуштро сияњ кунад. Вагарна аз њама хушињои рўзгор мањрум шавад ва бахту тахташ нагунсор гардад.»

86. МУЃОН ВА НИРАНГ

Заут ба худ андешид, ки чорае бояд љуст, ки муфт аз ин душмани пурќувват халос шавад. Хеле љуст. Азбаски љўянда ****да аст, њилае андешид. Сари чунин хирасарон дар њиласозї устод гашта буд. Муѓбачае ба ёдаш омад, ки чанд сол пеш шоњро фоле дида буд. Рад аз ин фикр чунон шод гашт, ки беихтиёр кафњояшро соиш дод. Яъне роњи халосї ёфт шуд.
Чун одами ба њар кори неку бадаш боварии пурра дошта пас аз бозгашт аз вилояти Бањман зуд назди шоњ рафт ва дар њаќќи Зардушт суханњои зишт гуфта хулоса кард:
—Ќисса кўтоњ, ин марди ѓариб худро шоњи бањру бар мехонад, аз касе бок надорад, вазирон, њокимони шањру дењро паст мезанад. Хокам ба дањан, аммо тарсам аз он аст, ки рўзе худи шоњаншоњро дар назари мардуми авом паст зада ба тахт номуносиб мехонад. Ин кеши вай балое бар сари мо шавад. Ва гумон дорам, ки барои мо кеши маљусиён бењтар аст, ки бо њар восита сењру љоду кунад ва дар дилњо боварї ангезад. Аммо кеши Зардушт њама сухан асту фалсафа.
—Чи тавр собит кунї, ки кадом кеш бартар аст ва асилтар?
—Хоњони онам, ки он муѓ ва Зардушт дар миёна гузорем ва њарду дар сењру љоду њунари хешро нишон дињанд.
—Чунин кунед.
Рад бо эњсоси ѓолибияти фардоина шодон баромад ва ба корвонсарой рафт.
Љомоспи вазир назди Ашу Зардушт омад ва ѓайри одат бо оњанги њазин гуфт:
—Шоњ туро ба мењмонї мехонад. Аммо бояд огоњ кунам, ки туро санљиши муњиме дар пеш аст.
—Чї санљише?
—Муѓи доноеро ба дарбор овардаанд, ки сењру љодугарї њамекунад ва мегўяд, ки маљусия кеши асил ва эзади муѓон эзадони асил њастанд. Чанде аз дарбориён бо роњбарии Рад ба кеши ту шубња кардаанд. Шоњ фармуд, ки пеши назари њозирон бо он муѓ мусобиќа барпо кунї.
Ашу Зардушт лањзае дар њайрат монд.
—Њаргиз.
—Ин фармони шоњаншоњ аст.
—Маздаясно девону љодувонро инкор мекунад. Он њама аз чусту чолокї ва фанду фиреб аст.
—Аша Зардушт, дар ин лањзаи сарнавиштсоз ба ёд ор њама хорињо ва љафоњои кашидаатро. Зарур аст, ки дар ин љода њам бузургии кеши худро собит намої.
—Њаргиз.
—Чанде аз дарбориён орзуманди онанд, ки ту маѓлуб шавї. Ва ту бояд баробари муѓ истодагарї бикунї.
—Њаргиз.
 —Ба њаќќи Ањура Маздо, ба њаќќи њама ќуддусон, ба њаќќи љафоњои чандин сол кашидаат, боре соњирї бикун. Ман бовар дорам, ки инро ту аз њазор муѓ бењтар анљом дињї.
—На. Ин зарбае шавад ба омўзишњои мо.
—Туро шом дар сарои бузург интизоранд. Њама чизи заруриро бо худ бигир.
—На…
Љомосп рафт. Медонист, ки бо расонидани ин фармон захме бар љигари Омўзгор  зад, аммо чора надошт. Борњо аз ин вазифаи баланди худ хиљил шуда, худро пасту залил мешумурд ва ин лањза яке аз онњо буд. Лаънат хонд ба касбу кораш, ба худ ва ба кеши муѓон. Аз Ашу Зардушт њам дилмонда шуд, ки барои исботи сањењии кори худ розї намешавад як бор аз рањи аслї бурун равад.
Муѓон. Кистанд онон? Як тўда, ки аз илм сењру љоду мекунанд…
Яке аз љараёни пурзўри динии замон муѓон буданд, ки аслан дар вилоятњои ѓарбии Ориёновиљ, ба хусус Лидия сукунат доштанд ва барои тарѓиби он ба њар дар, аз он љумла, Бохтар низ меомаданд. Баъзе аз онњо аслан ба Кеши маљусия чандон ихлосманд набуданд, вале чун мењмони рањдурї метавонистанд бо сењру љоду дили њамнишинонро тасхир карда ба шўњрате соњиб шаванд ва мояе ба даст оваранд. Аммо таъсири онњо ба воситаи сењру љоду он ќадар њассос буд, ки бисёр касони огоњу ноогоњ дар он каромоти худовандиро дида, њам аз онњо метарсиданд ва њам имон ба онњо мебурданд. Бинобар ин дар тарѓиби кеши нави ба аќлу хирад асосёфта Аша Зардушт њељ наметавонист онњоро нодида гузарад, ё дар кўчањои танги хиради мардумї бо онњо рўбарў нашавад. Махсусан, ашхоси норозии дарбор њаме талош карданд, ки ин ду ќувваро ба њам озмоянд. Вале Аша Зардушт дар баробари девону париён сењру љодуро низ инкор мекард.
Бо фармони Рад яке аз маљусиёни љањонгардро ба дарбор оварданд. Ў бо номи «Муѓи доно» байни мардуми корвонсарой маъруфият пайдо карда буд. Аз сењру љодугарии муѓон бохабар буд. Аслан, Муѓ аз решаи авестоии могу mogu ба маънии «кори бузург», «вазифаи муњим», «бузургиву шукўњ» дар санскрит ба маънии «дорої», «подош», ва «дињиш» аст. Онњо тавассути ниранг—ниёишњо ва дуохонии махсуси сењрангез мўъљизањо мекарданд. Бисёре аз ниёишњои кўтоњи дини маздопарастї низ ниранг номида мешаванд: ниранги оташ, ниранги куштї бастан, ниранги дастшў ва ѓайра. Ин ниёишњоро таъсири фавќулоддае тасаввур мекарданд, барои рафъи пешомадњои нохушоянд ва зишту газанди рўйдодњо дар њар маврид ниранги вожае мављуд буд. Аз он љумла, ниранги њољат хостан, ниранги нохушии гўсфанд, ниранги  сардард, ниранги таб бастан, ниранг барои дафъи шари дузд ва ниранг барои осон кардани зоймони зани душворзой. Ин нирангњо ёдовари дуоњоест, ки то ба имрўз дар миёни мардуми мусалмони Эрону Тољикистон ривољ дорад ва раммолону дуонависон дастандаркорони тањияи онњо њастанд.
Ниранг вожаи пањлавист ба маънии оини ниёишу дуо. Порсиёни њинд љои он калимаи гуљаротии кирёро истифода баранд. Дар арабї ниранљ муарраби њамин вожаи пањлавист.
Чунин ба назар мерасад, ки ин ќуввањои фавќулодда кешњои гуногуни њамзамонро пурра мекарданд ва оќибат, пас аз панљоњ-сад сол касе даќиќан гуфта наметавонист, ки кадоме аз ин љодуњо ба кадомин кеш мутааллиќ буданд. Аз он љумла, нирангро пас аз ислом таѓйири маънї дода, ба сењру љоду, тилисм, шўъбадаву афсун ва њила ироа кардаанд. Ва ба таври ом ин вожа ва таркибњои он маънои њила, њилагарро ифода мекард.
Барои ин њодиса мусобиќањои ѓайриихтиёрии тарафњои гуногун низ сабаб мешуданд. Ва ин шом Ашу Зардушт аз чунин имтињон мегузашт.
Дар даврањои охир муѓ ба маънии мубад ё отурбон ва низ пайрави дини зардуштї ба кор рафтааст. Дар «Гоњон» аз ин вожа нишоне намебинем ва эњтимолан корбурди он марбут ба даврони тадвини Авестои нав ва шохаи ѓарбии дини зардуштї аст. Аммо чандин бор аз «мага ва магаван» сухан ба  миён омадааст.
Дар адаби форсї вожаи муѓ ва таркибњои гуногуни он фаровон ба кор рафтааст ва он мутлаќ зардуштї ва пайравї дини маздопарастиро ироа кардааст ва гуфтанист, ки дар ирфони эронї ва дар шеъри ѓиноии форсї маъонии киноиву рамзии густурдае ба ин вожа ва таркибњои он дода шудааст. Аз љумлаи таркибњои муѓ метавон  инњоро ёд кард: пири муѓон, дайри муѓон, хароботи муѓон, муѓкада, муѓзода, муѓсаро, сарои муѓон, суннати муѓон, майи муѓона.
Вожаи маљус, ки дар навиштањои арабиву форсии садањои миёна танњо ба маънии зартуштї ба кор рафта аст, муарраби «магус»-и юнонї аст, ки худ аз вожаи муѓ моя дорад ва дар забонњои аврупої  moge ба љои он омадааст, ки бештар маънии «љоду» ва «љодугар» медињад ва ин маънї рабте ба дини эрониён надорад, ки ошкоро њар гуна љоду ва љодуиро менакўњад ва ањриманї медонад ва он эњтимолан бояд аз корбурди муѓони калдонї моя гирифта бошад.
Шом њама огоњону ноогоњон гирд омаданд. Шоњ гумон дошт, ки њама ўро дўст медоранд ва барои арзи муњаббати худ бидуни ѓаразе меоянд. Аммо дар асл њар кас ниёзе дошт, ки мехост баробари дидани шоњ ва мавриди муносиб арзи худро гўяд, ба чизе соњиб шавад, ягон гуноњашро бубахшояд. Вале бо дидани њунарнамоињои муѓбачаи калдонї њама њушу гўш шуданд. Гоње оњ мекашиданду гоње шод мешуданд. Вале аз Зардушт дараке набуд.
Шоњ ба Љомосп ишора кард.
—Куљост?
Љомосп бо дили пур гуфт:
—Ў њамин љост. Њоло меояд.
Њама бо њайрат ба атроф, ба даромадгоњ, ба нишастгоњњо назар карданд, вале ўро надиданд. Аммо аз куљое овози хуши мантрахонии ў паст-паст ба гўш мерасид.
Нохост гўё саќфи сарой кушода шуду Аша Зардушт дар тан либоси сафед гўё аз осмон ба толор даромад. 
Њозирон аз тарс шах шуданд.
Муѓбача осемасар дуое хонда бар ў дамид ва бепарвоёна гуфт:
—Ту хаста шудаї, саги хастае шав ва хоби Гаршоспї бар ту чира шавад.
Ашу Зардушт ханда кард. Либосњояш сурх шуданд.
Муѓбача дуои дигаре хонда бар ў дамид.
—Ба каргаси сиёње мубаддал шав.
Аша Зардушт боз њам хандид. Либосњояш сабзранг шуданд. Муѓбача ба дањшат омада, дуои дигаре хонд. Вале њанўз бар ў надамида овози пурќуввати Аша Зардушт баланд шуда садои муѓбачаро пахш кард. Ў мантрадармонї бархонд.
Муѓбача дар назари њамагон хурд шудан гирифт, ба замин афтода чанде ѓел зад ва нохост пар бароварда, ба каргаси бузурге мубаддал шуд. Танњо лафзи одамиаш боќї монд.
Илтиљо кард:
—Тавба кардам, њакими доно. Маро бубахш.
Аша Зардушт чи тавре ки омада буд, њамон тавр ѓайб зад. Касе надид, ки чи тавр пой монд ва ё ќанот бароварду парвоз кард. Аммо муѓбачаи ба каргас мубаддалшуда дасту по мезад, парњояш канда шуда рехтан гирифтанд, хаста шуда, меафтид. Баъзењо ба њолаш мегиристанд, баъзењо механдиданд.
Рад аз дидани ин њол дар шигифт монд ва худ бархест, аз гиребони худ дошта, ба кошонаи Аша Зардушт даромад. Вахшур гўё бехабар аз кори муѓбача бо ниёиш машѓул буд.
Рад тавба кард:
—Ба њаќќи Ањура Маздои доно, ба њаќќи Амшоспандон, ба њаќќи њама эзадони нигањбон, аз гуноњи мо бигузар. Њоло комилан эътиќод пайдо кардам бар ту ва бар кеши ту. Биёву муѓбачаро наљот дех, ки шарме бар дарбори мо афканад…
Чун Аша Зардушт дар дибоси муќаррарии худ ба толор даромад, дид, ки чанде муѓбачаи каргасшударо масхара мекунанд. Онон, ки то њол шубња доштанд, хомўшона нишаста, андешаи фардоро мекунанд. Бо дидани Омўзгор њама хомўш шуданд.
Каргас гирди сари ў парвоз кардан гирифт. Ў дигар забонро њам гум карда буд.
Аша Зардушт ба ў гуфт:
—Тавба кун ва савганд бихўр, ки аз ин пас аз сењру љодугарї даст кашї.
—Тавба кардам, —нохост боз бо садои одамї бархонд муѓбача-каргас.
—Њама кор дар дасти Ањура Маздост. Бар замин фуруд ой.
—Наметавонам.
—Саранљом изадбону Аредвисура Аноњитаро биситой ва навиди њазор заури ба оин сохтаву полуда, омехта ба њауму шир бидењ ва аз ў хостори рањої шав. Аноњита туро бе њељ газанде ба замин фуруд меоварад  ва ба хонумонат мерасонад.
—Ба чашм. Аммо чї бихонам?
—Бигўй:
Эй Аредвисура Аноњита!
Ба ёрии ман бишитоб!
Инак, маро паноњ бахш, ки агар ба замини ањуроофарида ва ба хонаи хеш расам, њароина туро дар каронаи оби Рангња њазор заури ба оин сохта ва полуда, омехта ба Њаум ва омехта ба шир ниёз оварам.
Бомдод наздик меомад Ва муѓбачаи каргасшуда ба сўи нури сапедадами бомдоди равшану тавоно—ба сўи Аредвисура Аноњита бонг бардошт:
—Эй Аредвисура Аноњита!
  Ба ёрии ман бишитоб!...
Давоми мантрадармониро Аша Зардушт идома дода чунин бархонд:
—Он гоњ Аредвисура Аноњита ба пайкари дўшизае зебо, барўманд, бурзманд, камар бар миён баста, ростболо, озоданажод, бузургвор, мўзањои дурахшон то мучи по пўшида ва ба устуворї бо бандњои зарин баста, равона шуд. Бозувонашро ба чолокї гирифт ва дере напоид, ки ба як тохт ўро тандурусту бе њељ нохушиву газанде, њамон гуна, ки аз он пештар буд, ба замини ањуроофарида фуруд овард ва ба хонумонаш расонд.
Дар пеши назари њамагон каргас ба замин афтод ва ба худ печида, парњояш гум шуда ба дасту пой мубаддал шуданд. Њамагон муѓбачаро диданд, ки ба чашмони худ бовар накарда, аз рўи одат то њол дасту по мезад ва гумон дошт, ки њамин њоло ба замин меафтад.
Рад бо эњтироми самимї гуфт.
—Офарин ба Аша Зардушт!
Кайвиштосп, ки худ низ сахт дар шигифт омада буд, аз ин гардиши авзои Рад шод шуд ва хулосааш духўра баромад:
—Чунин аст сазои касе, ки ба Худованд бовар надорад ва мехоњад баробари ў корњое бикунад ва ба ин василаи падид овардани шаку нобоварї барои худ ќуте, маснаде ва мансабе дарёбад.
Дигар касе аз бузургону вазирону њокимон дар ќаламрави Кайвиштосп ба омўзгорї ва Кеши Аша Зардушт шак накарданд.

87. КИШОВАРЗЇ ПЕШАИ ЭЗАДИСТ
Барои Аша Зардушт њама касбу корњо варљованд ва шоиста буд. Аммо бо ин њама, бе ѓизо аз дасти эшон коре барнаояд. Бинобар ин бар акси бархе аз кешњои њамљавор, ки пешаи кишоварзу чорводор, инчунин занњо ва ѓуломонро паст шуморида, барои онњо дар бињишт буданро раво намедиданд, Аша Зардушт онњоро љавњари њампойи њастї баргуморид ва дар мулоќоте, ки аксаран кишоварзон буданд, бо ќатъият гуфт:
—Касе, ки заминро бо дасти чапу дасти рост, бо дасти росту дасти чап кишт кунад, замин ба-д-ў чунин гўяд: «Эй мард, он, ки маро бо дасти чапу рост, бо дасти росту чап кишт кардї! Мардум њамеша ба-д-ин љо дар оянд ва хостори нон шаванд Дар ин љо ман њамвора бор оварам ва њама гуна хўроку гандуми фаровон бањраи ту шавад».
Касе, ки заминро бо дасти чапу дасти рост, бо дасти росту дасти чап кишт накунад, замин ба-д-ў чунин гўяд: «Эй мард, он, ки маро бо дасти чапу рост, бо дасти росту чап кишт накардї!
Њамвора бар дари бегонагон ва дар миёни хосторони нон биистї; њамвора дар он љо чашм ба роњ монї, то туро аз дар биронанд».
Кадом хўрокест, ки дини Маздоро сер кунад?
Кишти гандум аст дигарбора ва дигарбора.
Касе ки ѓалла бикорад, Аша мекорад. Ў дини Маздоро бартару бартар мерўёнад. Ў дини Маздоро чандон неруманд мекунад, ки бо сад ниёиш тавон кард. Бо њазор ниёиш тавон кард. Бо дањ њазор пешкаше тавон кард.
Њангоме ки љав ба бор орад, девон аз љо бармељањанд.
Њангоме ки гандум фаровон бирўяд, дили девон аз њарос меларзад.
Њангоме  ки гандум орд шавад, девон нола мебароваранд.
Њангоме ки гандум хирман шавад, девон нобуд мешаванд.
Дар хонае, ки гандум инчунин ба бор ояд, девон беш намепоянд.
Аз хонае, ки дар он гандум инчунин ба бор ояд, девон дур ронда  мешаванд.
Њангоме, ки дар хонае анборе аз гандум бошад, чунон аст, ки оњани сурхи гудозон дар гулўгоњи девон ба гардиш дарояд.
Ва кишоварзон бо эњсоси хуше, ки дар бозсозии чањон сањми сазовор доранд, ба кори худ бо ѓайрати бештар ва бештар машѓул шуданд.

88. ЙО ЊЕНТИ—ИНОН,  КИ ЊАСТОНАНД…
КЕШЊОИ ДЕРИНА
Аша Зардушт, Зариривари, Рад ва Асмухвонвант расиданд ба шањре, ки он љо ба кеши деринае ихлос доштанд. Зоњиран, чандон мухолифате байни аќоиди он ва кеши зардуштї набуд. Аммо аз дидани нахустин манзара, аз шунидани нахустин сухан ва аз мушоњидаи нахустин рафтори мардумони дења Зардушт њаместори деринааш Дувлакаетаро ба ёд овард. Замоне, ки барои мардуми дењоти дигар обу замини кишт намерасид, дар ин љо об фаровон буд, замини обї зиёд, вале заминњо кишт нашуда, обњо аз бари он гузашта кўлу ботлоќзори атрофи шањрро васеътар мекарданд. Њатто аз боѓњое, ки замоне серњосил буданд, њоло дарахтони пиру нимахушк боќї мондаанд.
Чанд муддат аст, ки сокинони ин гўшаи вилоят пайравони кеши бутпарастї шудаанд. Онњо бар он аќида буданд, ки танњо зикри эзадон онњоро ба маќсад расонад. Вале зидди ќашшоќї, ранљу беморї амал карданро зарур намешумориданд. Эњтимолан дар заминаи он пас аз чанде дини буддоия ва пас аз ду њазор сол мазњаби исломиасоси суфия ташаккул ёфт.   
Сарвари рўњонї ва дањйупати— марди думўйи ришдароз мењмононро бо дили нохоњам пешвоз гирифт. Чун аз кеши нав сухан карданд, рўй турш кард ва гуфт:
—Њољат ба кеши наве нест, зеро ки мо њама њољатњоро бурун кардаем аз дилњо ва дењањо. Мо гўшт намехўрем, мо њамарўза аз хўрдан парњез мекунем. Њамеша намоз мегузорем. Ин аст асли худопарастї.
Рад донист, ки бо эшон сухан рондан мушкил аст. Бинобар ин амр кард, ки њамаро ба майдон хонанд. Дањйупати ногузир фармонро иљро кард.
Аша Зардушт аз боби оини нав њарф зада, рафтору кирдори мардумони ин дењаро нодуруст њисобид:
—Касоне њастанд, ки рўзро бе хўрдани чизе мегузаронанд ва аз лаб задан ба гўшт худдорї мекунанд. Дар динњои дигар мардум аз хўрок рўза мегиранд, аммо дар дини мо аз гуноњ. Парњез аз гўшти хом ва ё гўшти бўйгирифта барои саломатии шумо фоида дорад, кам хўрдан барои саломатии шумо фоида дорад, аммо ин њама ба тан дахл дорад. Мо низ парњез мекунем, аммо аз њар гуноњ— дар андеша ва гуфтору кирдор. Нўши љањон офаридаи Худованд аст ва назди эзад њољат нест, ки гурусна бошед. Каси сер нисбат ба гурусна тавонад намоз бењтар гузорад, мењанро аз душман бењтар њимоят кунад, заминро бењтар кишт кунад, чањорпоёнро бењтар ва бештар парвариш кунад.
Дањйупати эътироз кард:
—Танњо бо њамин рањ эзад гуноњи моро бубахшояд.
—Мардумон бо кори нек аз гуноњ рањої ****д, на бо парњез ва бекор нишастан. Худи гуноњ чист?—замини худро кишт накардан, аз неъматњои офаридаи эзадон истифода бурдан, вале худ барои пурра кардани неруи офаридгор хидмате накардан…
Асмухвонвант мисоли дигаре овард:
—Бубинед, ки мардум чи дашноми аљибе доранд: «Бишавад ки бефарзанд монї ва ба бадномї дучор шавї; Бишавад, ки натавонї аспонро бибандї, натавонї бар аспон биншинї, аспонро лигом занї;  Орзу накунї, ки ман тавони хешро дар анљумани мардон дар аспрес нишон дињам».
Дар ин дењ њавлие буд, ки боѓи сарсабзу хурраме дошт. Номи соњиби њавлї Некандеш буд. Асмухвонвант ба он њавлї ишора карда гуфт:
—Бубинед, ки ин боѓи хуррам пур аз паррандагони хушхон аст, вай самараи зањмати соњиби он аст. Ва дар ин хонадон ранљу беморї ва нодорї нест ва Девони бемориву гадої њаргиз аз ин хона гузар накунанд. Чунин аст?
—Бале, —тасдиќ кард  Некандеш.
 Ва ў номе аз Зардушт набурда, дар ситоиши кеши ў чанд сухан гуфт:
—Ман дерест, ки пайрави кеши навини Маздоясно њастам, вай мефармояд, ки рўшноиро парастиш кунем, мењнат кунем бо амалу рафтори худ љањонро бењтар созем. Аммо ин њамдењагони ман мехоњанд танњо бо пиндори нек њамаро дуруст кунанд. Бо ин роњ кор буд намешавад.
Асмухвонвант аз ин гуфтањо шод шуд ва пурсид:
—Эй марди нек, њељ донистї , ки он кеши писандидаи туро кї фармудааст?
—На. Ба гўяндааш коре надорам, аммо гуфтааш басо муњим аст.
—Бигўй, ки онро аз кї омўхтї?
 Некандеш лањзае андеша карда ба ёд овард ва гуфт:
—Дар вилояти њамсоя Йовишта ном марди нек аз ин боб сухан гуфта буд.
—Ва ў нагуфт, ки ин кеши Аша Зардушт аст?
—Ња, ба ёдам омад. Чунин номе гирифта буд, вале ман марди кишоварзам, дар ёд нагирифтаам.
 Зардушт аз ин шод шуд ва гуфт:
—Офарин бар шумо. Бубинед, ки ин некандеш номе аз Зардушт намебарад ва ў дилдодаи паёми Зардушт аст, на худи Зардушт. Пас, боистї, ки аз ин шефтаи паёми Зардушт панд гирифт ва арљашро гузошт.
Асмухвонвант илова кард:
—Ва он чи ин марди нек мегўяд, асли њамон гуфтаи Йовишти Фриёна аст. Зеро ки худ устоди Йовишта аст. Худи Аша Зардушт ана њамин аст.
 Хуррамие дар диди Некандеш рух дод, ки дасти мардони некро фишурд ва худро пеши пойи ў афганд.
Ва мардуми дењони он вилоят аз пайи зањмат шуданд ва ба ин вилоят низ фаровонї омад ва Девони гуруснагиву бемориву гадої онро тарк карданд.

89. ПАРАСТАНДАГОНИ ОИНИ БОН

Дар дењи дигар бо маљусиёни сењргар вохўрданд ва ба нуќсонњои онон ишорат карданд. Муѓони зардуштї бо дастаи мардуми мод, ки дар замони модї —њахоманишї пешвои онњоро ба дасти худ гирифта буданд, људо мебошанд. Яке њамбастагии љањониёнро фурўѓ мебахшаду љањоне тоза месозад, дигаре оинњои деринаву поринаро ба номи дину дониш баргузор менамуд ва барои худ даму дастгоње љўр мекард. Муѓони модї думболаи њамон муѓони зардуштї буданд, вале бо олудагї ва гумроњии худ онон куљову ёрони поки Зардушт куљо!      
Дар кишвар оинњои зиёде буданд ва пайравони хешро доштанд.
Як марди лоѓарандоми камгап намояндаи оини Бон буд. Дар сўњбат аз Аша Зардушт пурсид:
—Ту чандумин Гаутама њастї?
—Ман Буддо наям, ман Зардуштам.
—Пас, аз мо дурї.
—Аз кеши шумо огањам. Ба гуфтаи омўзгорони шумо дар рўи замин 1002 Буддо меомадааст. То замони Тонпа Шенраб–14 њазор сол пеш гўё чањор Буддо омадааст. Дар ањди онњо одамон аз њазор то 80 њазор сол умр медидаанд. Тонпа Шенраб аз нажоди осмоние будааст, ки намояндагонашон аз осмон фаро омада, бо одамон омезиш ёфтааст. Ва онњо сулолањои гуногуни шоњи Ориёнвайљро ташкил доданд.
—Бале, бале. Ту аз куљо донї?
—Дар зодгоњи ман як устоди оини Бон буд. Аз ў омўхтаам.
—Пас, ту Буддо њастї.
—На. Ман ин оинро ќабул надорам.
—Чаро? Охир ба омўзишњои ту наздик аст: кишвари ормонии мо—Олмо Лунгринг як ќисмати дунёи мост, ки дар марказаш кўњи муќаддас сар кашидааст, ин кўњ замину осмонро ба хам оварда, њамчун мењвари дунё се олами мављуд—дунёњои болої, заминї ва заеризаминї –дужангњаро ба њам мепайвандад. Кишвари мо дар ин дунё њаст, вале на батамом дар ин дунёст. Ќисман ин љост ва ќисман дар олами рўњонї.
—Ба ман њикматњои Олмо Лунгрин писанд аст, аммо ин кеши куњан аст, афсонаест...
—Он њама аз осмон аст, аз болост, фањмидани он барои заминиён мушкил аст. Олмо Лунгринг на танњо бињишти рўи замин аст, вай баёнгари донишњост, ки кї будану аз куљо омадан ва ба куљо рафтани моро мефањмонад. Олмо Лунгринг рўшанигоњи нињониест, ки дар дили њар кадоми мављудоти зинда фурўзон аст.
—Вале барои суроѓи ин мулки ормонии Юндрунг Бон бисёр њакимону њокимон сафар кардаанд ва чизе наёфтаанд. Пас, бояд донист, ки бињишт дар рўи замин нест, дар рўи замин љойи бињиштосоро бо дастони худ мебояд сохт. Куљост љойи бињиштї ва љое, ки њам мардумон ва њам эзадон аз он хуш шаванд? Љое, ки заминњои хуб кишт карда, хонањои обод ва мардумони озоду солим бошанд.
—Чунин аст, —писандиданд шунавандагон.
Зардушт хулоса кард:
—Њикмат хуб аст, аммо интизор шуда нишастан ба умеди ќуввањои тасаввурї хатост.
Ќофила ба назди бутпарастон расид, ки дар вилояти дигар бештар буданд.
Сарвари шањр чун арзи њайатро шунид, онњоро ба боѓе овард.
—Дар ваќташ омадаем, —гуфт ў пичирросзанон ва ба майдонча ишора кард.
Дар байн наздики бист нафар мардон нишаста буданд, ки ба сардии њаво нигоњ накарда, тани урёни худро обу тоб медоданд. Пас аз чанде ба пушти онњо рўйпўши тар оварданд ва роњибон латтаи тарро ба пушташон гирифта нишастанд. Шарт он буд, ки кадоме аз онњо бо  ќувваи нињонии тани худ онро хушк мекунад. Онњо то андозае ба пайравони Бон наздикї доштанд, вале оњиста-оњиста аз он људо шуда, љараёни тозае баргирифтанд. Маќсади нињоии онњо «туммо»—неру ва гармии дохилї буд.  Дертар онњо ба яке аз равияњои асоси буддоия асос гузоштанд.

90. ПАРАСТАНДАГОНИ БУДДО

Буддоињои ќариб пурра шаклгирифта дар дењи дигар буданд.
Диќќати мењмонони воломаќомро сурати даврањои њаштгўшаи рўи боми хонањо ва маъбади дења ба худ љалб кард. Аз ду љониби онњо сурати ду ѓизол низ љой доштанд. Ба пурсишњои мењмонон Роњиби пири дења љавоб дод:
—Ин давраи Дњарма, ифодагари 8 зинаи роњи некдилон аст. Њаёт, љавонї, балоѓат, марг ва аз нав зиндашавї …
Чизи дигаре, ки диќќати њозиронро љалб кард, свастика буд. Вай аз ду љузъ таркиб ёфта, «су»-некї, «асти»-њаст буда, рамзи абадияти њаёт ва талоши байнињамдигарии хуршед, оташ, обу хоку бодро ифода мекунад. Ин рамзњо аз аќидањои ќадимтарин ва барои њама ќавмњои њиндуориёї умумї бармеомад.
Ба Асмухвонвант махсусан 8 водии муњаббати ин љараён писанд омад: љањонбинии дуруст, ќарордории дуруст, нутќи дуруст, рафтори дуруст, њаётгузаронии дуруст, талошњои дуруст, хотираи дуруст, таваљљўњва диќќати дуруст.
Сипас роњиб бо шавќу завќи баланд аз њикматњои он њарф зад:
—Њакими асил ба моли дунё мењр намебандад, умри азизи худро барои љамъоварии сарвату симу зару сарф намекунад. Зеро ки сарват мардро пойбанд мекунад, хирадро пойбанд мекунад,  Њакиме, ки аз роњи њаќиќати абадзинда равон аст, онро волою бузургу нотакрор њисобад;  бояд худро дар дигарон бубинад ва дар дигарњо худро.
—Шарти муњимтарин њамин аст?—пурсид Асмухвонвант.
—Танњо даст кашидан аз неъматњои заминї ва шуѓлњои хушњолкунанда метавонад рўњ ва дилро бедор кунад. Барањмани асил баробари интихоби ин роњи ягонаи ба њаќ расидан њамаи њашт эњсосро дар љисми худ нобуд мекунад.
—Чаро дар ин дењи обод сарватмандон нестанд? —пурсид Рад.
Роњиб аз ин савол шод гашта гуфт:
—Мард бояд ба сарват талош накунад. Њар шахси сарватманд, агар нек андешад, дар сарвати гирдовардаи худ макру фиреб, њила ва њатто зўровариро мебинад. Касе, ки барои сарвати муваќќатии гетї талош мекунад, дар љањони менуї љойи сазовор нахоњад ёфт. Зимни њар як пораи зару зевар, чањорпой ва кўшкњои худ ў зулм, зуроварї, хуни дили ранљурон ва араќи љабини ходимони фирефтаашро мебинад.               
 Аша Зардушт пас аз шунидани онњо гуфт:
—Ин њама хуб аст, аммо фаќат як ќисми фармудаи эзад—пиндори нек ва гуфтори нек аст,  вале аз гўшанишинї ва бењаракатї ин мардум ба љое нарасанд. Дар табиати водии Синд, ки њамасола замин сабзпўш асту хўрок фаровон ва њољат ба хонањои гарму бароњат нест, шояд мувофиќ бошад. Аммо дар шароити мушкили Ориён вайљ андак бепарвої, андак хотирљамъї боиси ранљњои азиме шавад. Ормони мо созмони љањонии мага аст ва барои ин танњо ду њоли аввал кам аст, вай баробари пиндору гуфтори нек кирдори нек њосил шавад. Мо, мардумон бо амали худ мебояд љањонро дигаргун созем, бозсозї кунем, бењтару волотару ободтар кунем….
Дар баъзе вилоятњо пайравони кешњое вохўрданд, ки ба динњои ояндаи масењї, собиён, яњудї, яњвепарастон, оинњои мандоии  Монї, маздакия ва ѓайра сахт монанд буданд. Аз он љумла, њамсафарон ба дењи бузурге расиданд, ки он љо ба тозагї гурўње дарвешон низ омада буданд. Онњо мусофирати доимиро зарур медонистанд, дар савмаањои худ майишат мекарданд ва агар аз ин тариќ футўње њосил намешудааст, ба дарюзагї мерафтаанд, ба раќсу самоъ ва мусиќї таваљљўњ дошта, шеъру сурудро амри зарурї медонистаанд. Онон кеши худро садиќон номиданд.
Бањсе ба миён омад, ки хеле оќилона ва олимона буд, садиќон аз санавияти рўњ ва модда, нуру зулмат суханњои аљиб гуфтанд. Вале њар гуна кори дунёро њаром њисобиданд, бо зўњд ва риёзати фавќулодда барои наљоти нињоии нур аз зулмот мекўшиданд. Ва ба ин наљотбахшии худ умед доранд. Байни эшон табаќае низ њаст, ки ниюшок номида мешавад ва бо пайравї аз баъзе ќоидањо ва хидмат ба садиќон умед доранд, ки дар нашъаи дигар аз нав дар љузви табаќаи садиќон таваллуди дигар ****д.
Мењмонон аз садиќон пурсиданд:
—Даъвати шумо бар чист?
Сарвари онон гуфт:
—Ба тарк кардани гетї ва вайрон гузоштани дунё ба хотири охират. Зўњди фавќулоддаи мо ба њаддест, ки худро аз шањвати инсонї мањрум месозем ва дар иљтиноб аз хўрдану нўшидан ифрот менамоем.
—Пас, ба љомеаи шумо ташвиќи азнавсозї ва обод кардани љањон њељ ањамияте надорад?
—Њаргиз.
—Аљабо…
—Њашт водии тариќати мо њаминро талаб мекунад…
Мењмонон пас аз андешаи амиќ бинобар њамин љињати рафторашон садиќонро ањли зиндиќа номиданд. Чандин муддат садиќон наметавонистанд аќидањои худро љорї кунанд, вале дар гўшањои гуногуни кишвар мављудияти худро нигоњ медоштанд. Дертар, таќрибан пас аз њазор сол кеши Монї падид омад ва дар ањди Сосониён муддате дини расмї эълом шуд, вале аз сабаби ифроти зиёд ононро боз пурюткешон —мухолифон хонданд ва аз њудуди тафсири расмї хориљ карданд.
Боз дертар бисёр нуктањои он дар тариќати исломиасоси сўфия ќарор гирифт.
Ва онон њама бо кеши Зардушт бегона буданд.
Ва Зардушт гуфт:
— Њашт водии камолот  ва роњи тариќати асил ин аст: сайъ ва амали њамвора барои мубориза бо девон, сайъ дар набарди зидди аносири шарр, сайъ дар обод кардани замин,  сайъ дар обод кардани хонаву манзил, сайъ дар нигоњ доштани кишт аз офатњои табиат, сайъ бар зидди даду дом, ки ба киштзору галлањои бешумор харобї оваранд, сайъ дар бештар кардани заминњои кишт, сайъ дар парвариши галаи чањорпоён. Ин аст роњи камолот, ин аст роњи наљот…
Вале гурўњи дигари бутпарастон, ки баъд асоси гузоштанд ба оини буддоия, боиси гуфтугузор ва бањси љиддие шуд. Пайрави буддоия сухан кўтоњ кард ва гуфт:
—Мардумизода гунањгори азалист, ки бояд њамвора рўй аз хушї бигардонаду нафси хешро бикушад ва анвои шиканљаву њавлу њаросњоро бартобад, то бахшудаву растагор шавад.
—Пас мардумиро дар ин љањон чї коре мемонад?
—Одамї бояд аз њама лаззатњои инљањонї даст бишўяд ва дар гўшае ба риёзат бипардозад.
—Ва бо ин рањої ёбад?
—Рањоии њар кас дар нестии ўст.
Чандин тан аз пайравони буддоия онро тасдиќ карданд:
—Бале, рањоии њар кас дар нестии ўст! Чун нест шудем, њавлу њарос, њирсу нафс худ аз худ гум шавад.
Вале сипас хомўшии сарди гароне ба миён омад.
Аша Зардушт ба њоли онњо бо њузни амиќе нигарист ва гуфт:
—Мардумї—офаридаи поку беолоиши Ањура Маздо мебошад ва њамкору ёвари офаридгор дар густаришу такомули офариниш ва пайкор бо неруњои ањриманї. Одамї барои комравоии фардї ва иљтимої офарида шуда ва зиндагї ситезаву муборизаи дерпоест миёни некиву бадї ва бар мост, ки њамвора пуштибони Ростиву дурустї ва рањрави роњи некї бошем ва бо зиштиву табоњї ва бадї набард кунем. Рањоии мардумї дар амали неки ўст. Худованди яккаву ягона Ањура Маздо барои мардумї вазифаи бузургтарин –азнавсозии љањонро супурдааст, ба муборизаи пайваста мехонад, ба талошу мубориза барои чира гаштани некї, барои ободї, барои шукуфоии њаёт даъват мекунад.
Коњини буддоия бо тамкини ба пайравони ин оин хос оромона эътироз кард:
—Шумо њаќ надоред ки мардумиро барои ќабули ин ё он кеш маљбур намоед.
—Бале, гуфт Зардушт.— Аз маљбурият суде нест. Яке аз дурахшонтарин намудњои паёму омўзиши Зардушт ин аст, ки нишоне аз зўрї ва пазируфтани он бо чашму гўши баста дар он нест. Ман пайравони хешро аз фармонбарии кўронаву ноогоњона бозмедорам ва мегўям: «Он чиро, ки аз ман мешунавед, бо хиради дурусту маниши поку равшани хеш бисанљеду арзёбї кунед ва он гоњ бипазиред. Худ интихоб бикунед: даст шустан аз лаззатњои инљањонї ва риёзат дар гўшае, нестї ва рањої? Ва ё  комравоии фардї ва иљтимої, зиндагї ва ситезаву муборизаи дерпое миёни некиву бадї; пуштибони ростиву дурустї, рањрави роњи некї будан ва бо зиштиву табоњї ва бадї набард кардан?
Нидое аз байни мардумон баромад:
—Талош барои бахту ободї бењ аз худро зинда дар гўр кардан аст!
Аша Зардушт шукр гуфт худоро ва ба мардумон хитоб кард:
—Одамї бояд дар обод кардани љањон ва шодмонии худу дигарон бикўшад, худро шоистаи расидан ба ављи камолу пайвастан ба бењрўзии љовидонї нишон дињад. Ман њаргиз пайравони хешро аз дилбастагї ба љањону шодхориву зиндагии шукўњманд бознадоштаам ва њаргиз ин љањонро ба бањонаи кўтоњиву зудгузарии зиндагии одамї накўњиш накардаам. Њарчи Худованд офаридааст, барои бењрўзии мо—мардумон аст. Бењрўзии одамї дар зиндагии фардї ва иљтимої аст ва ба гўшагириву бепарвої нисбат ба кори љањон њељ гуна асосе надорад. Ба сухани дигар, кўтањии зиндагии як тан дар ин љањонро наменигарам, балки ба маљмўи зиндагии одамиён ва кору кўшиши занљирвор ва пайвастаи онон назар дорам ва мегўям: ки њар кас хешкории худро ба љой меоварад ва наќши вижаи хешро дар манзумаи азиму намоиши бузург ба ўњда мегирад.
Мардумон чун нек гўш доданд, чи аз љумлаи пайравони кеши буддоия, чи аз пайравони кешњои дигар, аз тўдањои худ људо шуданд ва ба ќатори созмони зардуштиён нишастанд...

Њамсафарон дар ин рањи тўлонї њар кадом вазифае доштанд. Он замон дари њар кадом хонадон барои мењмон кушода буд ва хоса чунин мардони барумандро бо эњтиром пешвоз гирифта, зиёфатњои хуб меоростанд. Вале дар роњ чун аз ќут чорае нест, Рад вазифадор буд, ки барои таъмимни озуќа дар роњњои дуру дарози кишвар аз њокимон чизе бигирад. Ва бо сифати зотие, ки дошт, худро њам фаромўш намекард ва аз лозимї зиёдтар мегирифт. Илова бар он ба њокимони дењу шањракњо ваъда медод, ки назди шоњ онон ва корњои ононро ситоиш хоњад кард ва барои ин ваъда аз онњо ришва меситонд. Азбаски чунин корњо ба Зардушт комилан писанд нест, ба ў аз ин хусус њарфе намезад, фаќат мегуфт, ки барои тўшаи роњ ѓизо—гўшту нон ва обу мева гирифтанд.

91. ПАРАСТАНДАГОНИ ЗАР,
 Ё ДЕВЊОИ ВЙАМБУРА

Њамсафарон расиданд ба силсиладењоне, ки дар канори як новток— рўди дастї кандаи мардумон љой гирифтаанд. Аслан замоне аз инљо љўй мегузашт, ки сойи селбур меномиданд,  вале вай баъдњо хушк шуда, танњо дар бањорон оби барфу борон чун сел мегузашт ва баробари расидани Заремайа—миёнаи бањор хушк мешуд. Гўё ки бо ташаббуси неки худ замоне Афросиёб дар сари роњи ин сойи селбур дар фосилаи дањ аспрес љўй канда, ин сойро бо оби Вахва Даитйа (дертар Љайњун, Ому ном гирифт) пайваста буд. Вале баъди љангу талошњои зиёди байниќавмї сари ин об дар њудуди вилояти дигар монду поёнаш ба мулки дигар. Њоло њама ба низом даромада, байни њама вилоятњо ањди дўстї њукмрон буд. Аммо дерест, ки оби ин сойро девони Вйамбура «медуздиданд». Ва мардумон барои рондани девон њар сари чанд ваќт чањорпо ва њаума заур оварда, ќурбонињо мекарданд ва маросими ашагулонро иљро менамуданд:
Ашагулон рамзи фариштаи муваккали об буд, ки онро дар шакли лўхтаки зебое бо пироњани зебои зарин сари чўбе бардошта, пайваста мељунбонданд ва пироњану остини дарозаш њой рафта, ба назар чунин мерасид, ки вай њамроњи мардум раќсу шодї дорад.
Ва пиру љавон аз ў илтиљо мекарданд:
—Ашагулони ростина-е,
Оста биљумбон остина-е.
Гандуми сабзам ќоќ шуд,
Як бор  бирезон боруна-е.
 Мувофиќи аќидаи онон Вйамбура—гурўњи девонанд, ки зидди об талош мекунад ва барои ёфтани дили онњо њатман пора медоданд, то ки онон аз боло обро надузданд. Албатта, дар хушксолињо, ки барфу борон камтар меборид, сатњи оби дарё паст шуда, ба жарфнои љўи новток об нарасида поён мефаромад ва чунон ба назар мерасид, ки онро девони Вйамбура дуздидаанд. Аммо дар он сол бо ягон ќурбонї илољи онро намеёфтанд. Зеро ки аслан обро девон намедуздиданд, балки мардумон—онњое, ки дар саргањи навток мезистанд ва меъёри обро назорат мекарданд, барои эњтиёљи худ дар дењоти болооби рўд истифода мекарданд.
Кор ба љое расида буд, ки мардуми ин дењоти поёноби новток охирин гандуму чањорпойи худро ба ќурбонї медоданд, то ки об ояд. Саркорон одатан як ќисми он ќурбонињоро ба сарварони дењоти болооб дода, ба  он мувваффаќ мешуданд, ки як миќдор обро сар дињанд. Он об њам хеле кам буд ва асосан барои миёнаравон мерасиду халос. Мардум дар назди беобї ноилољ монда, кам-кам танбалу бекор ва бемор шуда буданд. Дигар ба онњо на сухани эзадон мефорид, на Аша ва на роњи Ашї—некї. Худро бадбахттарин мардуми љањон медонистанд ва танњо аз тарс ба девони Вйамбура ниёиш мекарданд ва ќурбонињо мефиристоданд. Бинобар ин, Аша Зардушт ба њоли онњо рањм карду сањвашонро гуфт ва пешнињод намуд, ки дар сартосари рўд назоратчиёни худро монанд. Ва чанд сабаби нороњатии онњоро низ чунин зикр кард:
—Аслан, агар девон бошанд, ба шумо аз Девони Вйамбура дида, деви хоби нобањангому ањриманї —Бушоспдев гаронтар аст, ки танбалї оварад. Инчунин ба шумо Дайви–деви фиреб асар кардааст. Аммо бидонед, ки Дайвак—сифати мардумонест, ки зоњиран ба фиребњои Дайви гирифтор шуданд ва даромадани онњо ба Вари Љамкард норавост. Дигар, шумо ба фанди деви Драйви— гадоиву дарюзагї гирифтор шудаед. Ба Вари Љамкард ворид шудани гирифторони деви драйвак низ норавост. Ва агар аз ин девон халос шудан хоњед, ба дониш ва зањмат рўй оваред, замини кишти шумо чун модар шуморо таъмин ва аз дарюзагиву гадоиву бемориву гушнагї халос кунад.
Рад иловаи сарде кард:
—Донед, ки гирифторони деви драйваку Дайвиро ањкоми шариат падару модари фарзанди њаромзода низ хонанд.
Чанде аз кишоварзон шўриданд.
—Ба чї ин тавр гўянд?
—Зеро ки танбал натавонад ба фарзандаш нони аз мењнати њалол ба даст овардаашро дињад. Пас, луќмаи фарзандаш њалол нест ва фарзанде, ки нони њалоли мењнатии падарро надида, бо нони дарюзагї бузург мешавад, албатта, њаромзода аст.
Чанде норозї шуданд, вале Асмухвонвант љилави бањсро ба тарафи дигар бурд, дар хусуси бењтарин шуѓл будани кишоварзї аз рўи гуфтањои Аша Зардушт сухан ронда, бо њамин дур кардани њама девњо ва ба эзадон эзад Ањурамаздо рўй оварданро талаб намуд:
—Касе, ки ѓалла бикорад, Аша мекорад. Ў дини Маздоро бартару бартар мерўёнад. Ў дини Маздоро чандон неруманд мекунад, ки бо сад ниёиш тавон кард. Бо њазор ниёиш тавон кард. Бо дањ њазор пешкаше тавон кард.
Ин гуфтањо чунон ба мардум писанд омад, ки онро чун пандномаи бењтарин ба бачањои дарсхон гуфтанд ва њоло њар як бачаи лавњу ќалам дар даст, бидуни он, ки ба маънии пурраи он сарфањм равад,  як ба як такрор мекард. Дар кўчаву сари замину канори рўд низ ин суханњои заминиро чун бењтарин таронаи осмонї месуруданд:
—Њангоме ки љав ба бор орад, девон аз љо бармељањанд.
Њангоме ки гандум фаровон бирўяд, дили девон аз њарос меларзад.
Њангоме, ки гандум орд шавад, девон нола мебароваранд.
Њангоме ки гандум хирман шавад, девон нобуд мешаванд.
Дар хонае, ки гандум инчунин ба бор ояд, девон беш намепоянд.
Аз хонае, ки дар он гандум инчунин ба бор ояд, девон дур ронда  мешаванд.
Њангоме, ки дар хонае анборе аз гандум бошад, чунон аст, ки оњани сурхи гудозон дар гулўгоњи девон ба гардиш ояд.
Вале ба мардуми хоболуди танбалшуда ягон сухан асар намекард. Махсусан роњбару роњбарчањое, ки бо мансабу маснади кўчактарине худро аз мардуми оддї бузургтар мењисобиданд, ин њамаро фиреби назар меномиданд. Ба онњо фаќат об лозим буд. Бинобар ин ба одамони њукмат илтиљо карданд:
—Шумо ба мо об дињед, мо шуморо эзад мехонем.
Рад ваъда дод, ки масъалаи обро бе Девони Вйамбура худашон њаллу фасл мекунанд.
Онњо, ки намояндаи шоњ буданд, ба дењоти болооб рафта, аз боби мењру шафќат пандњо гуфтанд. Асмухвонвант ба чунин хулоса омад:
—Агар мардум андаке сер ва аз ташвиши рўзгор осуда набошад, барои ў на дин зарур аст, на эзад, на дигар муќаддасот.
Ба ин фикр Зардушт розї нашуд:
—Вале агар ин мардум эзадони некро напарастанд, фарќи баду некро надонад, барои Аша талош накунад, кай аз ташвишњои рўзгор ва аз пиндори бади худ  халосї ёбад?
—Пас бо инњо чї мебояд кард?
—Дониш ва кўшиш ва хиради нек. Ва бартараф кардани хиради бадхоњї— «Манйеуш дваешенгњо».
—Бале.
—Бо хокимони дењоти болооби рўд чї мебояд кард?
—Бадтарин њоким он баддину бадкунишест, ки барои пора њам некї накунад, касест, ки кушандаи бегуноњ аст. Подафрае гарон дар дўзах сазои касест, ки чунин дурвандро њоким кунад.
Рад, албатта, чунон вонамуд кард, ки ин суханњоро намешунавад.
Дар дил гуфт:
—Барои ман баръакс, ана њамин хел њокимон лозиманд, ки њам худ хўрда тавонанд ва њам калоншавандањоро хўронда тавонанд. Чунин касонанд, ки «аќаллан барои пора њам некї намекунанд», вале барои як луќмаи зиёдатї талошњо карда, рўи сафеди худро сиёњ карда, ба чизе соњиб мешаванд ва нисфи онро ба ман барин мансабдорњо пора медињанд…
Одатан, таълимоти динї ва кеши нави мазњабї якбора дар холигоњи аќлонї падид омада наметавонад. Барои пайдоиш, вусъатгирї ва маќоми арзанда ёфтани он замина ва такягоњи ќаблие даркор аст. Аз ин лињоз кеши зардуштиро як кеши комилан нав ва таълимоти ўро аз таълимоти пешиниён људо пиндоштан раво нест. Зардушт дину оини гузаштањоро аз назари офаридаи кеши нав тадќиќ намуда, таълимоти худро ба талаботи љомеа ва давру замони хеш мутобиќ намуд ва ќабл аз њама тарѓиби яккахудоиро пеш гузошт.
Абурайњони Берунї дар «Осор – ул - боќия» меорад, ки: «Пешдодї ва баъзе аз каён, ки Балхро љойгоњи худ ќарор дода буданд, Офтобу Моњ ва кавокибу куллёти аносирро то замони пайдоиши Зардушт, дар соли сиюм, аз салтанати Гуштосп, мепарастиданд».
Мављудияти дини собиќаро то замони зуњури Зардушт ва дертар ба љои мазњаби пешина дар Балх пазируфтани оини зардуштиро Ибни Балхї дар «Форснома»-и худ таъкид кардааст:
«Зардушти њаким дар ањди Вуштосп омад ва кеши габрагї (оташпарастї) овард ва пеш аз он кеши собиён (будпарастї) доштанд. Ва чун Зардушт биёмад, Вуштосп ўро ба ибтидо ќабул накард ва баъд аз он ўро ќабул кард ва китоби Занд оварда буд, њама њикмат бар дувоздањ њазор пўсти гови дабоѓаткарда навишта буд ба зар… ва аввал оташкада, ки сохт ба Балх ва дуввум оташкада ба Озарбойљони Баљайс ва саввум  оташкадаи Истахри Порс. Пас њам дар он таърих фармуд, то њама љойњо оташгоњњо сохтанд ва дини габракї, ки Зардушт овард, ќабул карданд.»
Замоне, ки Зардушт зуњур намуд ва даъвои паямбарї кард, дар миёни ќавму ќабилањои сарзамини Бохтар парастиши оташ, буту санамњо, офтобу моњу  ситорањо ва њайвоноти мухталиф роиљ буд. Њар ќавму ќабила буту эзиди хосаи худро дошт, ки дар њамин замина ихтилофи байни ќавму ќабилањо ављ гирифта, нањ задани як эзид ва бузург шумурдани эзиди дигар бисёр ваќт ба љанљолу љидол ва хунрезињо бурда мерасонд. Зарурати таърихие пеш омада буд, ки ќавму ќабилањои якзабон ва њамнасаб, тохтутозу хунрезињои дохилиро аз миён бурда, байни њам муттањид шаванд, хусумату адоватро бардоранд, то дар муќобили њамлањои шадиди душманони умумиашон – сакоињои чодарнишину бодиягард истодагарї карда тавонанд.
Њадафи тарѓиби яккахудої пеш аз њама муттањид сохтани ќавму ќабилањои ориёии шањрнишину муќимї буд, ки зинањои ибтидоии инкишофи љомеаро паси сар намуда, ба тарзи зиндагии нисбатан баландтар – чорводориву зироаткорї, косибию њунармандї, тиљорату муомилот рў меоварданд ва дењкадаву шањристонњо обод мекарданд. Ањурамаздо—худои улвї, њомию сарвар ва нигањбони мардум, чорпоёну зироатњо аз хавфу хатар ва нерўњои бадї буда, бар хилофи амали бадманишону девон хунрезї, куштани чорво ва осеб расониданро ба киштаву марз, кори зишт ва пургуноњ медонист. Аслан, номи Ањурамаздо аз ќисматњои  Ањура–«сарвар» ва Маздо-«доно» таркиб ёфта, маънои сарвари доноро ифода мекунад. Мувофиќи таълимоти  Зардушт, худои олитабор Ањурамаздо офарандаи њамаи мављудоти нек буда, бо Ањримани баднишин ва сияњкирдор пайваста дар раќобат аст. Ањриман бидуни баъзе тавофутњо дар оини мусулмонї таќрибан бо тимсоли Иблис (Шайтон) њамоњангу њамрадиф аст. Ањриман дар «Авесто» ба шакли  Ангро – Майну зикр шуда, аз ду љузъ иборат мебошад. Ангро-«бад» ва Майну-«маниш», «андеша», яъне ба маънии «баманиш»,  «бадандеш» омадааст.
Дар фаргарди боби сиюми «Вандидод» амали кишоварзї, мењнат дар замин ва бањра гирифтан аз киштањо ситоиш гардидааст. Дар он љое, ки кишоварзї ва чорводорї ривољ дорад, мардумаш серу пур, соњиби хонаву дар, фарзандони зиёд ва хушњолу осуда  мебошанд. Ва касе, ки бо кишту кор машѓул аст, бењтарин кори дунёиро мекунад ва бо ин кирдораш бар душманону девон Пирўзї меёбад.
Вале Ањурамаздои бадкирдор аз зиндагии серупур ва хушдилонаи  одамон рашк бурда, ба кишвари ободу зебои онњо мору њашароти зараровар, пашшаву мўрчањои газанда, шањриёрони  (њукмронони) бад, љодугарону девон, париву касалї ва зимистони сарди дурударозро офарид. Лашкари Ањриман љодугарону девон, иблису париён мебошанд, ки мардумро аз роњи нек зада, гумроњу бадманиш мекунанд. Муборизаи некиву бадї ва хайру шар, љавњари таълимоти  Зардуштро фаро гирифта, аз ѓалабаи нерўи некї бар бадї ва нуру сафо бар зулмат башорат медињад.
Дар оини зардуштї макрўњ сохтани унсурњои муќаддас – оташ, об, хок, ва њаво гуноњи азим ба шумор мерафт. Чуноне, ки дар боло гуфтем, њатто ба об афкандан, дар оташ сўзонидан ва ба хок супоридани љасади одамон манъ шуда буд. Фаро расидани марг ва бемориро дар мазњаби зардуштї одатан ба кирдори Ањриман нисбат медоданд ва намехостанд аз нафаси бади  он аносири муќаддас олуда гардад. Парастиши оташ њамчун рамзи нур ва равшанї, фурўзон нигањ доштани оташи дайру оташкадањо баъзе муњаќќиќонро ба андешае водоштааст, ки миёни кеши зардуштї ва оташпарастон тафовуте нагузоранд. Дар асл поку бегазанд ва мўњтарам  доштани оташ як љузъи оини зардуштї буда, чун ёде аз давраи  хунукињои шадид ва яхбандињо  мебошад, ки тоифањои ориёиро ба кўчбандиву њиљрат водор намуда, ба ин кеши  тозаэљод роњ ёфтааст.
Таълимоти ахлоќии Зардушт аз ситоиши некию некандешї, ростию росткорї хайру сахо ва дигар фазилатњои неки инсонї сарманшаъ гирифта, мазмуну моњияти мухтасари онро љавњари сегона—«пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек»  бунёд гузоштааст. Мувофиќи аќидаи кеши зардуштї инсон дар амали худ охируламр ду роњро пеш мегирад–роњи ростию некї, ки нигањбонаш Ањурамаздои љовидонаву равшанманиш аст ва роњи бадию бадкирдорї, ки нигањбонаш Ањримани зулматпешаву сияњтинат мебошад. Одамї вобаста ба майлу иродааш метавонад аз ин ду роњ якеро бипазирад ва дар талоши миёни некию бадї, хайру шар, торикию равшанї, кирдори неку бад, гуфтори росту дурўѓ ва ѓайра худ доварї кунад. Натиљаи амал ва љамъбасти нињонии роњи пешгирифтаи ў дар поёни умраш, њангоме, ки рўњи ў ба олами минуї меравад, мањсули љумлаи кирдору рафтору афкораш аз љониби фариштањо дар пояи арши худои олитабор Ањурамаздо  арзёбиву  доварї мегардад:
«Њон, ай мардум! Чун шумо худ роњи ростро натавонед дид ва баргузид, Маздоањура маро довари њарду гурўњ (маздопарастон ва девпарастон) барангехту ба сўи шумо фиристод, то роњи ростро ба шумо бинамоям ва њама бо њам зиндагиро бар Пояи дини ростин ба сар барем.
Маздо Ањура худ маро мешиносад ва гувоњи дурустии оини ман аст.» (Ясно, готи 31, банди 2.).
Таълимоти ахлоќї ва динии Зардушт роње буд, ки пайравонашро ба зинаи баландтари тамаддуни башарї њидоят мекард. Тарѓиби яккахудої ва болотар гузоштани Ањурамаздо аз тамоми эзидону фариштањо, ќабл аз њама ѓояи таъсис додани давлати ягона, мутамарказ ва тавоноро пеш гузошта, муттањидшавии ќавму ќабилањои парокандаро тањти як маќсади умумї–зиндагии  тинљу осудањолона, рўзгори пурсаодат, мењнату созандагї ва ѓайра њадафи нињоии худ медонист.
Унсурњои гузаронидани намози панљваќта дар давоми рўз ва ситоишу ниёиши Яздони пок низ аз замони Зардушт ибтидо ёфтааст. То расидани оини зардуштї, аз рўи аќидаи авестошиносон, дар миёни пайравони оини собиќаи маздопарастон њангоми тулўи хуршед, нимрўзї ва лањзањои ѓуруби он ситоишу ниёиши офтобу оташ маъмул будааст. Зардушт ба ин оин баъзе суннатњои иловагиро афзуда (тањорат кардан, љои тоату ибодатро пок доштан ва ѓайра), пайравони худро ба покиза доштани љисму рўњ талќин менамуд. Бад «ин васила тарафдорони ў соњиби панљ ваќт намоз шудаанд. Аз эњтимол дур нест, ки њомиёни дини ислом њам аз ин таќсимоти дини зардуштї халлоќона истифода бурданд».
Дар охир метавон ќайд кард, ки баъзе унсурњои дини зардуштї, аз ќабили макрўњ накардани обу хоку оташ, амали носавоб донистани  куштани чорвои наврасу дуљон, дар айни нашъунамо ё њосил гуноњ донистани буридани шохи дарахт, ба хонаи арўси нав ё тифли навзод роњ надодани каси шумќадаму баднафс, танњо нагузоштани арўсу домод њафтањои аввали хонадорї, дуд кардани њазориспанд барои рафъи љуку љонзод ва дањњо мисоли дигар аз он гувоњї медињад, ки имрўз њам Зардушт бо оини ростину маниши неку зикри амалњаи хайраш дар њар хонадони миллати фарњангдўсту хирадпарвари  тољик ошён дорад.  Ва дар фарљом  таманнои онро дорем, ки Зардушт – ин паямбари адолату ростї дар оѓози шоњроњи њазорсолаи сеюм низ ба ворисони тољикзабону ориёинињодаш бо андарзу њикмату фалсафаи љовидонаи худ пуштибонї ва рањнамої кунад.

92. ПАРАСТАНДАГОНИ ФАРЗАНД

Њамсафарони воломартаба ба вилояте омаданд,  ки гоњ ба ќаламрави Бохтар ворид мегашт, гање мустаќилият пайдо мекард ва гоње тањти фармонравии Арљосп ќарор мегирифт. Алъон ин вилоят дар тањти фармони Виштосп буд. Њарчи њам буд, мардумон мењмононро ба хушї пазируфтанд ва ба њар сухани онон гўш доданд. Ва ончунон ќабул доштанд, ки гўї њољат набуд ба чунин тарѓиб. Дар воќеъ чандин нафар то он рўз бо дини бењї ошно шуда ва пазируфта буданд, аммо њоло мушкилоти дигаре дар сари ин кор љой дошт. Пеш аз њама, рўякї будани ќабули сарварон аз назари њозирон пинњон намонд. Сарварон хостори он буданд, ки мењмонон њарчи зудтар аз ин љой бираванд. Бинобар ин зиёфат оростанд ва ѓизои фаровон муњайё карданд. Ва чун шом наздик буд, маслињат доданд, ки њамроњашон муњофизон равон кунанд, то аз аѓбаи баланди барфпўш беосеб гузаранд.
Вале ин хости онон амалї нашуд. Сокинони вилоят ба мењмонони олимаќом  бо арзу дод мурољиат намуда, аз њукми ноодилонаи мубади замон шикоят карданд.
Њама љанљол ва эътирози мардум аз он сар шуд, ки аз мењмонон пурсиданд:
—Кадом гуноњњо њастанд, ки агар мардумон ба-д-онњо даст биолоянд, Пешутану мешаванд? Ва кадом гуноњњо њастанд, ки пушаймониву додани товон ононро рањої намебахшад?
Ин савол чандон мушкил набуд, зеро баъзе аз гуноњњо дар ќонуни Аши сабт шуда буд, вале дар вилоятњо аз ноогоњии мардум истифода бурда, мубадон-њокимон ба таври худ додгустарї намуда, барои мардуми бегуноњро тарсондан ва аз онњо ришва ситонидан гуноњњои вазнинеро бар сари онњо бор мекарданд. Аз ин љост, ки як гуноњ дар як вилоят Пешутану, ё худ сазовори марг хонда мешуд, дар вилояти дигар ба он ањамияте намедоданд.
Рад чанде аз онро номбар кард.
—Нахуст он, ки кешу оини бегона ва нодурустро бо донишу огоњї аз гуноњ ба яке аз ашаванон биомўзад. Дуввум он, ки касе устухоне бисёр сахту нољавиданї, ё хўроки бисёр доѓ ба саги гала, ё саги хонагї бидињад  ва он саг бимирад.
Як саволи мардум ба муносибатњои заношўї вобаста буд. Дар ин хусус њанўз ќонунњо танзим нашуда буданд.
Аша Зардушт дар љавоби ин савол гуфт:
—Марде бо зани даштон –хоњ даштони бањинљор, хоњ даштони ноњинљор даштонмарзї кунад, гуноњест, ки он мардро Пешутану мекунад, яъне њангоме ки зан обистани кўдаке чањормоњу дањрўза бошад, зеро он њангом аст, ки кўдак шакл мегирад ва равон дар тани вай меояд. Он, ки марде бо зане, ки љунбиши дастакро дар зањдони хеш дармеёбад, хоњ шир дар пистонаш омада бошад, хоњ не, даромезад. Агар осебе мондагор ба-д-он зан расаду зан бимирад, гуноњест, ки он мардро Пешутану мекунад. Яъне пас аз ин даштонмарзї агар зан кўдаке мурда бизояд… Агар марде бо духтари дўшиза ё бонуи љавон, хоњ он духтар ё бону вобаста ба солори хонавода бошад ё на, хоњ ба шавњар дода шуда бошад ё на, њамхобагї кунад, ва он духтар ё бону аз ў обистан шавад, набояд аз шарми мардум бо обу гиёњ дар худ даштони нобањинљор падид оварад. Агар он духтар ё бону аз шарми мардум ба обу гиёњ дар худ даштони нобањинљор падид оварад, гуноње бар гардани ўст.
Ин гуноњ танофур аст, гуноњи рўи гуноњ аст. Гуноњи нахустини ў ин аст, ки иљоза додааст, ки фиребаш дињанд. Агар ин гуноњи нахустин бар ў ворид набошад, ба зўр аз роњ бадар бурда бошад, ва марди фиребанда бо огоњї аз шармсории зан бихоњад ўро рањої бахшад, бояд падару модару хоњару бародарону шавњару хидматгузорону чокарону солору бонуи хонаводаи занро фаро хонаду бигўяд: «Ин зан кўдаке аз ман дар зањдони хеш дорад ва ман аз ин кор шодмонам» Ва онон бояд посух дињанд: «Мо инро медонем ва шодмонем, ки шармсорї аз миён рафтааст». Он гоњ бояд он мард монанди як шавњар аз он зан њимоят кунад.
Агар марде бо духтаре дўшиза ё бонуи љавон–хоњ он духтар, ё бону вобаста ба солори хона бошад, ё на, хоњ ба шавњар дода шуда бошад, ё на, њамхобагї кунад ва он духтар, ё бону аз ў обистан шавад, набояд аз шарми мардум, меваи зиндагиро, ки дар зањдони хеш дорад, нобуд кунад.
Агар он зан аз шарми мардум меваи зиндагиро дар зањдони хеш нобуд кунад, гуноњи куштани фарзанд бар гардани ў ва падари ўст ва подафраи гуноњи куштани огоњона бар њардувон равост. Агар марде бо духтаре дўшиза ё бонуи љавон–хоњ он духтар, ё бону вобаста ба солори хона бошад, ё на, хоњ ба шавњар дода шуда бошад, ё на, њамхобагї кунад ва он духтар, ё бону аз ў обистан шавад ва бигўяд: «Ту маро обистан кардаї» ва мард посух дињад: «Ба љустуљўи пирзане дарой ва аз ў бихоњ, ки даштаки туро биандозад» ва зан назди пирзан биравад ва аз ў бихоњад, ки даштакро биандозад, ва пирзан банча ё шайита ё ѓнона ё фраспата ё доруњои дигаре, ки даштакро меандозад, ба-д-ў бидињад, ва мард бигўяд: «Меваи зиндагии худро дур биандоз» ва ў меваи зиндагии хешро дур биандозад, гуноњи ин кор ба яксон бар гардани се тан аст: мард, зан ва пирзан.
Агар мард бо духтаре дўшиза ё бонуи љавон–хоњ он духтар, ё бону вобаста ба солори хона бошад, ё на, хоњ ба шавњар дода шуда бошад, ё на, њамхобагї кунад ва он духтар, ё бону аз ў  обистан шавад, бояд то њангоме, ки кўдак зода шавад, аз он зан нигањбонї кунад. Агар ў ончунон, ки сазовор аст аз зан ни-гањдорї накунад, ва газанде ба кўдак бирасад, барои сар каши-дан аз нигањдории шоиста, подафраи гуноњи куштани огоњона бар ў равост.
Ин ба мардумон сахт писанд омад. Ва онњо дигар пурсиданд, ки оё бахшидани гуноњњо имкон дорад?
Ва Аша Зардушт гуфт:
—Ба ростї дини Маздо гуноњи нодурусткореро мебахшояд. «Ў медонад, ки дуздї норававост, аммо мепиндорад, ки рабудани дорои тавонгар ва бахшидани он ба бенавоён кирдоре ашаванона аст».
Дини Маздо гуноњи куштани яке аз ашаванонро мебахшояд: «Ў медонад, ки куштани маргарзон равост, аммо намедонад, ки чунин кореро наметавон бе фармони довар кард.»
Дини Маздо њар гуноњеро, ки мардумон метавонанд ба-д-он даст биолоянд, мебахшояд. «Ў медонад, ки ба даст овардани болотарин бањра равост, аммо намедонад, ки чунин бањрагирї аз марди ашаван норавост».
Дини Маздо ашаванро аз њар гуна андешаву гуфтору кирдори бад пок мекунад; њамчун боде пуртавону шитобон, ки даштро.
Бишавад, ки аз ин пас њамаи кирдорњо  нек бошад. Дини Маздо гуноњи туро товоне гарон додааст.
Дигар аз саволњои аљиб дар мавриди паймон ќарор гирифтани зан буд. Яъне дар баробари Даст-паймон, Гов-паймон, Гўспанд-паймон, Асп-паймон, замин-паймон инчунин, Мардум –паймон низ буд, ки дар он Зан низ монанди галаи гов ё киштзор мавзўи паймон воќеъ мешавад ва ќарзхоњ дар сурати сари ваќт напардохтани ќарз метавонад зани ўро бигирад. Аммо мардумон гуфтанд, ки ин басо кароњатангез ва нодуруст аст. Пас, чора чист?
Аша Зардушт мазаммат кард касонеро ки занро мавзўи чунин паймонњо ќарор доданд ва чунин тавсия дод:
—Паймон дар бораи зан дар шумори панљумин гунаи паймонњост ва арзиши он паймон беш аз паймон бар сари галаи гов ва камтар аз паймон бар сари киштзор аст.
Мардумон диданд, ки кеши нави маздаясно одилона ва мардумпарварона аст ва аз он соат дар миёни сокинони он вилоят  пайравони он ба маротиб афзуд ва овозаи неки он ба дигар вилоятњо низ гузашт. Њаќ бошанд касоне, ки мегўянд: «Худованд дар њар зинаи инкишофи одамон Расуле фиристад, то ба мардумон рањи зиндагии дерпо ва огоњона аз худоро бигўянд. Аз ин каромоти илоњист, ки дар як муддати кўтоњ дини бењї на танњо дар ќаламрави Кайвиштосп, балки дар дигар кишварњои ориёї низ ќабул шуд ва њатто дар он љое, ки шањони он, ба мисли Арљосп зид буданд, низ љорї гардид.
Вале бо вуљуди ин њама дастовардњо Аша Зардуштро дар пойтахт боз чандин муаммоњои сарбаста, азиятњо ва уфтоданњо интизор буд.

93. ЊАСРАТИ ЗАРДУШТ
Аша Зардушт пайи он мекўшид, ки њарчи бештар ва бењтар ба дини бењї фаро хонда шаванд, Рад бар он мекўшид, ки њарчи бештар ва бењтарин марвориду лаълу лољувардро соњиб гардад. Кайвиштосп ва аз љониби дигар Арљосп низ њукмронии бештар ва бењтаре мехост. Аз ин рў, шоњаншоњи каёнї Виштосп бозомадани њайати тарѓиботиро бетоќатона интизор буд.
Рад аз як сухан ва бо як нигоњ дили шоњро фањмид. Бинобар ин, ба саволу хоњишњои шоњ њамроњ шуд ва садоќати абадии худро ба ў нишон дода, ба Зардушт гуфт:
—Чорае дарёб, ки дўшизагони зебо, вале ноозодро бо бонувон дар як мартаба гузорад.
—Бонувон дар интихоби дини бењин озоданд ва дар як мартабаанд.
—Чорае дарёб, ки шоњро аз ўњдадорї назди дўшизагони каниз озод бикунад.
—Дар назди Аши тундхўёнатарин кирдори мардумон—фирефтани дўшизае шўйногузида ва обистан кардани ўст.
Кай Виштосп барошуфт:
—Гап дар сари фирефтан нест…
Рад ўро аз вазъи ноќулай рањо кард:
—Барои кайон ягон монеа нагузор, ки онон партави худованданд.
Вале Аша Зардушт медонист, ки чи мегўяд ва аз номи кї мегўяд. Охир ў фармудаи эзадон эзадро ба мардумон мерасонад. Бинобар ин, озурда гашт ва ба худи шоњ мурољиат намуд:
—Кай-Виштосп, ту баргузидї дини  бењинро ва гаравидї ба Ањура Маздо.  Ин ўњдадории азимест дар назди Худованд ва мардуми сарзаминат. Агар шоњ як ќадам аз рањи худо баргардад, раият њазор ќадам ба сўи фасодиву ифрот равад.
Ба Кайвиштосп ин оњанги суханронї ва худи эрод сахт писанд наомад, вале дар дил ба ў розї шуд ва кибру ѓурури шоњонаашро фурў нишонда гуфт:
—Хуб, маро сабаќе нек додї. Шањон низ бояд њамеша омўзанд.
—Шабат хуш бод.
Зардушт баромад.
Шоњ Виштосп бо Рад ба маслињат нишаст.
Ва Рад аз ин фурсати хуб истифода бурда ба мазаммати Зардушт пардохт:
—Коњинон, баъзе дањйупатињо ва  зантупатињои сакої аз корњои мо ва гуфтањои Зардушт норизоянд…
Он ќадар сиёњ кард, ки шоњ фармон дод:
—Субњ ин масъаларо тафањњус кунем.
—Ба чашм.
—Вале маро боз як мулоќоти муњимест— бо намояндаи кишвари Доха.
—Бале, бале. Дигар ташвиш надињам.
Рад, дўсти дерина таъзим карда рафт.

94. ХОБИ ВИШТОСП ВА ДЕВОНИ ДУПО

Шоњ ба љониби хонаи хоса барои мулоќот бо намояндаи Доха рафт.
Вале он љо шоњаншоњро на марде аз Доха, балки дўшизаи дигаре интизор буд.
Шоњ омад. Маълум, ки чандин Менуњои дигарро ба-д-ин минвол иваз кардааст.
—Намояндаи кишвари Доња ин љост?
—Бале.
Пистонњои дамидаи норинљии дўшизаи навомада аз њаяљон зуд-зуд пастубаланд мешаванд.
—Номи ту чист?
—Малу.
—Номи Паири- маири чунин бошад.
—Бале.
—Парї бояд ба љазо расонда шавад.
—Бале? ...
 Шоњ пас аз фориѓ шудан аз «мулоќот бо намояндаи Доња», ё париёни Апохтар, дар бари дўшиза афтода, хобаш бурд.
Ва хобе дид бас аљиб.
Дар назари шоњ чунин намуд, ки бомдод шуда, ваќти хестан расидааст, аммо ўро дубора хоб пахш мекунад. Чашмонашро бо зўрї мекушояд ва  мебинад, ки якбора чандин канизакони нимаурён даромаданд.
Онон бо мусиќиву раќсу ишвањои нозук шоњро ба фисќ мекашанд.
Шоњ эътироз мекунад:
—Њоло ваќти бомдод расид. Корњои муњиме маро дар пеш аст.
—Барои шањон муњимтар аз фароѓат чї корест?
—Мулоќот бо намояндаи кишвари Доха...
Хубрўён механданд:
—Намояндаи Доха њамин љост.
—Хоб кун, шањо.
—Даме осуда шав аз корњои мулк…
—Пеши ман ой, ки дами наќд мегузарад…
Шумораи дўшизагон афзуданд.
Шоњ хост онњоро биронад, вале дастонаш нољунбон мешавад.
—Гум шавед! Мадад… Ммм…
Вале забонаш ба ў итоат намекунад.
Ногоњ дўшизагони зебо ба деву љин мубаддал мешаванд, ба шоњ њуљум карда њар кадом бо ангуштони дароз ханљол карда, бо дандонњои дароз захме зада, хунашро макидан мехоњанд.
Ходимонро ба ёрї даъват мекунад:
—Ёрї дињед…
Овозаш намебарояд. Мебинад, ки дўшизагони чанде пеш ба деву љинњо мубаддалшуда њоло ба саркоњин ва дањйупатињо, зантупатињои сакої ва дигар амалдорон мубаддал шуда, љигари ўро бо дастони дарозу нохунњои дарозу ифлосашон мекананд.
Њамин лањза хурўс љеѓ мезанад.
Љинон ва девон нороњату гирён мешавад.
Хурўс боз ду дафъа љеѓ мезанад ва дўшизагону коњину волиён ба сўрохињои зери фаршу шифт даромада ѓайб мезананд.
Шоњ бедор мешавад ва шукр мекунад.
—Хайрият, ки хоб будааст.
Дар љомаи њарири сафедаш пайи хунро мебинад.
—Аммо ин хуни чист?
Дар долони кох њаракат нохост зиёд шуд. Љомосп њамроњи Зардушт саросемавор ќадам зада омаданд. Ходимон бо њайрат ба Зардушт нигариста, ба онњо роњ доданд.
Дар хонаи хоса шоњи  нохост беморшуда хобидааст. Зардушт омада дар сари болини ў нишаст. Набзашро дид ва оромона гуфт:
—Ањура Маздо бо ёрони худ њамеша мардумонро њушдор медињад. Яке аз ёварони худо Сраушоварез—мурѓест ба номи Пародарш. Вай њангоми бомдод бонг мебардорад: «Эй мардумон, ба по хезеду бењтарин ашаро биситоед, ки девонро фурў афганад». Бушоспи дароздасти љодугар бар фарози сари шумо ояд ва дубора ба хоб фурў барад ва гўяд: «Бихоб, дар хоб бимон». Боз хурўс гўяд: «Њар як аз он ду, ки нахуст аз љой бархезад, нахуст ба бињишт равад, њар як аз он ду, ки нахуст бо дастони покшуста, њезуми пок назди оташ –писари Ањура Маздо барад, оташ аз ў хушнуд шавад ва бар ў хашм нагирад. Ва он чиро, ки ниёз дорад, ба-д-ў бахшад ва барои ў чунин хостори афзунї шавад:
Бишавад, ки галаи говони ту афзун шавад.
Бишавад, ки аз писарони бисёр бањраманд шавї,
Бишавад, ки андешаву зиракии ту афзоиш ёбад,
Бишавад, ки равони ту дар такопў бошад,
Бишавад, ки њамаи шабњои зиндагиро бо шодкомї ва равонхушї ба сар оварї» …
Ва њар гоњ ки ин мурѓ се маротиба фарёд кунад, девону љинон ин маконро тарк гўянд. Аз бонги вай дар њаволї низ ягон храфастра—њашароти зараррасон амон наёбад.
Шоњ нафаси сабук кашид, миннатдорї кард:
 —Маро осуда кардї.
Сипас ба Љомосп гуфт:
—Мебояд, ки ин мурѓонро бисёр парвариш кунем.
—Ба чашм.
—Аммо чизи дигар маро бештар ба њайрат овард: чаро баъзе вазирони мо дар симои девон пайдо шуданд?
—Сабаб он аст, ки бархе бузургон танњо ба зоњир гаравидаанд ба дини бењин, танњо ба зоњир пиндор ва гуфтори худ нек кардаанд, аммо кирдорашон њамоно зишту ноашаванона аст. Њастибахши якто онњоро дар сурати аслиашон ба чашми ту аён кардааст.
—Чї тавр? Нашояд, ки чунин бошад. Онњо савганд хўрдаанд…
—Агар бо либоси авомона бо ман биёї, асли онњоро бубинї.
—Нек бошад.
Зардушт ва Љомосп баромаданд. Вале дар долон садои божхонї ва ниёиши шоњро шуниданд, ки аз сидќ мегуфт:
—Эй Маздо! Доди ту чист? Хостори чистї? Кадомин ситоишу кадомин ниёишро сазовор мешиносї? Он роњи Маниши нек, ки ба ман намудї, њамон роњи омўзиши рањонандагон аст, ки танњо кирдори нек дар партави Аша мояи шодмонї хоњад шуд. Эй Маздо Ањура! Бегумон, ин подоши ормониро ба тану љони касоне арзонї медорї, ки бо Маниши нек кор мекунанд ва дар партави Аша омўзиши хиради неки туро ба дурустї ба пеш мебаранд ва хости туро бармеоваранд ва барои пешрафти љањон мекўшанд.
Эй Маздо! Маро аз бењтарин гуфторњо ва кирдорњо биогоњон, то ба ростї дар партави Аша бо Маниши нек ва озодкомї туро биситоям.
Бидахши бузург ва Зардушт шод шуда, табассум намуданд. Шоњ бо ин тавбааш ба амалњои неки зиёд умедвор мекард.
Машќњо ва хунрезињо дар Кахвареда нишони он аст, ки сарбозони Маидийар ба набарди бузурге омода мешаванд.
Мењмонон аз дуру наздик омаданд.   
Арљосп низ омад. Маидийар бо ў мулоќот орост. Њарду марди кордидаанд, якдигарро хуб медонанд ва чун дигар њокимони хурди кишвар њар лањза аз њамдигар зарбаеро чашмдоранд.
Арљосп неруи Маидийарро ситоиш карда гуфт:
—То замоне ки хуршед аз Ховар тулўъ мекунад, касе наметавонад бо лашкари ту баробар ояд; то замоне, ки обњои Вахва Даитйа ба Бохтар љорист, касеро њадди он нест, ки бар сўи хонумони ту назари бад кунад, то замоне ки кулоњи тиграхудат дар сарат бошад, њадди касе нест, ки аќаллан дар тасавуури худ бар ту чира шавад
—Ин нишони дўстии самими ту аст,—тасдиќ кард Маидийар.
—Минбаъд дўстии моро касе натавонад вайрон бикунад, —таъкид кард Арљосп.
—Бале, дўстии мо безавол аст.
—Душмани ягонаи мо Виштоспи якраву худхоњ аст, ба сари маќсад омад Арљосп.—Таги дили ўро фањмидан мушкил: лоф мезанад, ки бо мо ањди дўстї, бародариву баробарї мекунад, вале бо кеши нави худ дастњои моро бастан мехоњад.
—Мо њаргиз кеши нави ўро ќабул надорем.
—Бале, њољат ба ин нест,  њарчи ба мо зарур аст, мову шумо  онро на бо дуо, балки бо дастону љангафзори худ кашида мегирем.
—Бале.
—Вале дар танњої моро аз Виштосп мушкили зиёде пеш ояд.
—Моро чї нагузорад, ки якљо амал кунем? Мо њамзабонем, мо њамкешем,  мо аз оби як рўд менўшем, мо дар хоки як мењан рўидаем, аз замонањои бекарона мо њама як мардум њастем.
—Пас, биё, дасти дўстї ба њам бидињем. Шояд инро дар њанљамана муњокима намоем?
—Њољат нест. Мо омодаем.
—Инак, дасти дўст бигир…
Дўстони «гургошно» ба њам даст доданд. Арљосп тавонист боз як њаместор,  њарифу раќиби доимии худро ба иттифоќчї мубаддал гардонад ва пеш аз он ки Виштосп ба чунин иќдоме даст занад, неруи мудофиавии худро зиёд кард.

94. БАЊМАНИ ТАВБАШИКАН

Оњиста –оњиста Бањман феълу хўйи бад пайдо кард. Илова бар он, ки ба зару мол ва лаълу лољварди дуздї ошиќ шуд, зулмпеша низ гардид.
Рўзе бар дари шористоне расид. Дид, ки оби сурх љўшида мебарояд.
Битарсид ва пурсид:
—Ин хуни чист?
Њамроњонаш дар тааљљуб монданд.
Яке гуфт:
—Шояд хуни бузургворест.
Бањман дигар чизеро андеша накард ва фармон дод:
—Мардумонро биёваред ва бикушед бар сари ин хун, то он хун аз љўш бимонад.
Ва мардумони бегуноњро ба зўрї оварда куштан гирифтанд.
Њафтод њазор мардро бикуштанд, то хун биистод.
Пас аз чанд сол Бањманро дигар шинохтан имконнопазир буд, љуссаш дар зери бори гарони зару зевар базўр рост мешуд, лунљњояш аз фарбењї варам карда, аз нишонањои беморие дарак медоданд. Ваќтњои охир фаромўшхотир шуда, борњо амри худро дигар мекард ва њар дафъа барои иљрои нодурусти фармонњояш фармон медод, ки гунањгорони бегуноњро сар зананд. Рўзе набуд, ки касеро ќатл накунанд. Аз тарси ў касе љуръат надошт ба шоњ арз барад. Нозирони ў роњро хуб бонї мекарданд ва њар шахси шубњанокро, ки озими пойтахти кишвар буд, дошта меоварданд ва бо фармони ў сар мебуриданд.
Он рўз Бањман ќарибии пешин аз хоб бархест. Сараш чун хум гашта буд.
Ба ходим гуфт:
—Њама доноёни вилоятро гирд оваред.
—Ба чашм.
Пас аз лањзае њама маслињатчиён, донандагони њол, ситорашиносон ва пизишкон љамъ шуда, гўш ба фармони њоким истоданд.
Бањман гуфт:
—Ман хобе дидам, вале фаромўш кардам. Агар маро гўед, ки чї дидам ва шарњи онро бигўед, хуб аст, вагарна, сарњои шуморо аз танатон биканам.
Хомўшии гароне ба амал омад. Њоким фармонро такрор накард. Танњо чашм ба фармонбари љаллод бурд. Ин амр ба иљрои фармон буд.
Сарвари ситорашиносон саросема  таъзим карду гуфт:
—Бубахшой, шањо. Ин тадбир фурсате мехоњад.
—Чанд муддат?
—Њафтае мўњлат дењ.
—Хуб. Агар пас аз њафтае тадбири ин наёбї, аввал сари ту аз тан људо кунам.
Њама бо сари хам берун баромаданд.
Ситорашиносон фавран устурлоб баргирифтанд ва аз пайи омўзиши ситорањо шуданд. Вале сарвари онњо аспони бодпой хост ва њамроњи як шогирдпешааш рўй ба Балх овард.
Дар беруни шањр посбонони Бањман ўро доштанд ва ў савганд хўрд, ки барои ёфтани дору ба Балх меравад. Њарчи медонист, ба Љомосп арз кард ва хоњиш намуд, ки Аша Зардуштро барои наљоти ќавм фиристад. Дар роњи бозгашт Зардушт ва дастаи саворони мусаллањ ба ў њамроњ шудаанд.
Ваќте ки мўњлати додашуда анљом ёфт ва њама ба сари болини Бањман гирд омаданд, ў дид, ки ѓайри сарвари ситорашиносон њама њастанд.
—Хўш… Ёфтед?
Њарки њарчи гуфт, вале писанд наомад. Оќибат дарѓазаб шуд ва амр кард, ки њамаро як ба як дар назди чашмаи сурх сар буранд.
Хушбахтона, ин лањза рухсати бор пурсида, сарвари ситорашиносон њамроњи Аша Зардушт даромад. Албатта, Бањман Зардуштро нашинохт.
—Биист, таъбири хоби ту ва тадбири он ёфт шуд,— арз кард ситорашинос.
—Хўш.
Аша Зардушт гуфт:
—Сурате, ки дидї, пою соќи ў аз сафол ва зону дароз ва ў аз мис ва шиками вай аз сим, бари вай аз зар ва сару гардани ў аз оњан. Санге биёмад, бар сари ў зад ва бишикаст.
Бањман гуфт:
—Бале, ин дидам. Таъбири ин чист? 
—Маликон бошанд њама ба поя аз якдигар фурўтар. Он нахустин, ки пои вай дидї аз сафол, заифтар буд, дувум, ки аз мис дидї, банерутар ва савум, ки аз сим, бартар буд ва чањорум аз зар бартар буд ва панљум, ки аз оњан дидї, сахттар аз њама буд. Ва он санг, ки дидї, аз осмон биёмад, паёмбар аст, ки биёяд ва њама кори эшон бишиканад ва корњои маликон њама сўи ў гардонад.
Бањман дар тааљљуб монд ва пурсид:
—Он хона, ки ман вайрон кардам, чї ва ин мардумонро ки ман бикуштам, кї буданд?
—Ин хонаи эзад буд, ва ин омўзандагони бад буданд, ки ситамњо кашиданд ва мардумро ба роњи бад бурданд ва осї карданд. Аммо акнун мебояд, ки даст аз куштор баргирї.
—Биист. Маро бигўй, чї гуна кунам, ки бар осмон равам ва њамчунон, ки халќи ўро бикуштам, эзадонро низ бикушам ва осмон софї кунам, чунон ки замин кардам.
Аша Зардушт аз ин густохї дар тааљљуб афтод ва гуфт:
 —Мо ин натавонем кардан.
Бањман барошуфт ва амр кард:
—Бигиред ин доноро.
Посбонњо назди Аша Зардушт омаданд ва аз сиёсати ў дар тааљљуб монда истоданд.
Аша Зардушт бо табассум пурсид:
—Аз ман чї мехоњї?
—Ту њама чиро медонї, њилат бикун, ки ман бар осмон бароям ва эзадонро њалок бикунам, вагарна туро бикушам.
—Ту маро кушта натавонї…
—Ман?! Њоким!? Љаллод!
—Биист, шањо.
—Њилате бигўй, ки бар осмон шавам.
—Дар ин сафолпора имзои дасти ту њаст ва бар он савганд хўрдаї, ки њар гањ њоким шудї, маро накушї.
—Ин чи афсунест?
—Ин сафолпораи оддист, вале бо имзои туст.
—Ин… чист?
—Ба ёд ор корвонсарои Балхро. Ту будї бемори хаставу аз дунё дасту дил шуста ва мани пизишк.
Бањман зуд он рўзро ба ёд овард. Чењрааш тира шуд, дарди деринаро аз нав эњсос кард ва фиѓон зад.
—Воњ сарам! Боз ба дард омад…
Бо ишораи сарпосбон њокимро даст гирифтанд.

Дар зиндон њам дарди сари Бањман паст нашуд. Чун чанд рўзи дигар гузашт, љисми тани чанд соли охир ба осоиш одаткардааш хаставу нотавон шуд. Фањмид, ки рўзи маргаш наздик расидааст, васият кард:
—Чун бимирам, маѓзи сари маро бикафонед ва бингаред, ки чист…
Бањман мурд ва мувофиќи васияташ наздикон сари ўро шикофтанд ва диданд, дар сараш пашшаи бузургест ва маѓзи сари ўро батамом хўрдааст.
Ин хабар ба Љомосп расониданд. Ў дар тааљљуб шуд, ки чи гуна Бањман бо чунин  саре бемаѓз тавонист, ки чандин сол њокими вилоят шавад.
Пас аз ин њодиса ў ба тамоми суханњои Зардушт бовар кард ва тадбирњое, андешид, ки Кайвиштоспро аз хиёнату кажравињои вазирону њокимон огоњ кунад.

96. РАД  ПЕШДАСТЇ МЕКУНАД. ИМТИЊОНИ ЗАРДУШТ.

 Барои сарвари собиќи рўњонї, дўсти собиќи шоњаншоњ мулоќот бо шоњ кори осоне буд. Рад медонист, ки мењр дар чашм аст, бинобар ин зиёд не, вале њар ду рўз як бор аз њоли шоњ хабар мегирифт, дидаву шунидаашро обуранг дода, бузургро бузургтар, хурдро хурдтар карда њикоят менамуд. Ва азбаски Аша Зардушт ба чунин рафтори дарбориён ошно набуд, аз фурўтанї чунин амалро зарур намедонист ва чун ба корњои бузурге сахт андармон буд, танњо бо даъват ба ќабули шоњ мерафт. Ин аз назари дарбориён пинњон намонд ва азбаски дар ин илм таљрибаи калон доштанд, њар сари чанд ваќт бањудаву бењуда ўро сиёњ мекарданд. Аввал Виштосп ба ин ањамият намедод, вале оњиста-оњиста далелњо бо рафтори Омўзгори кеши нав чунон мос меомаданд, ки дар дили ў њам шубњањо пайдо мешуданд. Чанде аз ин зарбањо ба Рад низ дахл доштанд. Инро ба назар гирифта, Рад  ин дафъа чунон зарбае ба обрў ва эътибори Зардушт зад, ки њар каси дигар мебуд, њамоно маргарзон мегашт.
Рад чун дид, ки дар сўњбати ќаблї сиёњкунии бевоситааш эњтироми шоњро ба Зардушт кам накард, ин дафъа чунон сухан ронд, ки гўё Аша Зардуштро ситоиш карданист:
—Мардумон ба сухани Аша Зардушт гўш мекунанд, мардумон ба ў бовар мекунанд. Чунон гўш медињанд ва бовар мекунанд, ки гўё ба сухани шоњаншоњ гўш медињанд.
—Ња… Њмм… –ба таври нофањмо овоз баровард шоњ.
Рад фањмид, ки моњї ба шаст афтодааст, ба њуљум гузашт:
—Махсусан њамин ба мардум писанд омад, ки вай њокимон ва сарони кишварро берањмона мазаммат кард, шањзодагонро коњиш кард, он тавре ки ин корро шоњаншоњ мекунад. Ва мардум ўро подшоњвор писандиданд.
—Нафањмидам, —њайрон шуд шоњ. —Ин чї гуфторест?
—Махсусан ваќте ки дар бораи љањони менуї ва подоши амал њарф зад, гуфт, ки њатто подшањон низ дар он љањон подафраи гуноњашонро хоњанд дид. Ва мардум инро бо кафкўбињо ќабул карданд. Махсусан мардуми Њулписйи он тарафи Вахва Даитйа  ќариб буд ба балво бархезанд.
—Ва он шоњи гунањкор ман будам?
—Номи ту набуд…
—Хайрият-е… —осуда шуд шоњ.
Рад дид, ки шоњ барваќт осуда шуд, зуд ба њуљуми ќатъї гузашт:
—Аммо… Азбаски худо якест ва шоњ якест…
—Хўш…
—Аммо Зардушт он ќадар бо шўру шар сухан мегуфт, ки мардум фаќат номи шуморо гирифта ба шўр меомаданд… Барњаќ вахшури мо устоди сухан аст…
—Кифоя …
Пас аз чанде Рад бо бањонае видоъ кард, вале наѓз медонист, ки тираш ба њадаф расид. Њангоми аз долони дароз гузаштан шунид, ки ходим ба ходими дигаре гуфт:
—Бидахши бузургро назди шоњаншоњ фаро хонед.
 Дили торики Рад  рўшан шуда ба худ изњори шодї кард:
—Кайвиштосп  вазирро барои њамин дасиса фаро мехонад.
Воќеан њам чунин буд.
Кайвиштосп ба Љомосп фармон дод:
—Коњинон, баъзе дањйупатињо ва  зантупатињои сакої аз корњои мо ва баъзе суханњои Зардушт норизоянд. Шом њамаро ба њанљамана гирд оваред. Зардуштро њам бихонед, вале дар ин хусус чизе нагўед. Аввал дигаронро дар танњої бояд шунид.
—Ба чашм.
Пас аз соате вазиру солорони Бохтар ба дарбор њозир шуданд. Дигар вазирон низ, ки аслан бояд Аша Зардушт дар назди шоњ ононро накўњиш мекард, вале њаргиз дар фикри ин набуд, ин даъвои Радро тасдиќ намуданд. Бо пешнињоди Рад маслињат шуд, ки чанд масъалаи мушкиле назди Зардушт мегузоранд, то садоќати ў ба шоњ маълум шавад. Дар каллаи бемўйи Рад аз ин бењтар пешнињоде пайдо шуда наметавонист.
Њанљаманаи хурди назди шоњро низ худи Рад оѓоз кард, гўё аз њама хоњиш намуд, вале тири нигоњи њама ба Зардушт дўхта шуд. Масъалаи мушкиле пеш гузоштанд:
—Кори мулк, мушкилоти замон талаб мекунад, ки мартабаи шоњ баландтар аз дигарон бошад.
—Эзадон ба шоњ он ќадар мартабаи баланд додаанд, ки ба чизи дигаре њољат нест: эзадон дар љањони менуї фармондоранд, шоњаншоњ дар гетї. Шумо чї мартабаеро дар назар доред?
—Чунин њолатњо зиёданд. Мисол, чорае дарёб, ки њама аввал ба шоњ ниёиш кунанд, пас ба эзадон. Ин шоиста нест, њама ќут аз давлати шоњ хуранд, вале шукри ўро накунанд; шоиста нест, ки шоњ бояд њамроњи мардумон дар љашнњо эзадонро ниёиш кунад; њатто ин низ шоиста нест, ки шоњ натавонад бар дўшизае муњаббат дошта бошад ва озода касеро аз дўшизагон баргузинад.
—Бонувон дар муњаббати эзадон ва интихоби дини бењин озоданд ва бо мардон дар як мартабаанд.
—Чорае дарёб, ки шоњро аз ўњдадорї назди занон озод бикунад.
Аша Зардушт аз ин хоњиш табассум кард.
—Агар чунин рухсат ба шоњ дода шавад, шањзодагон ва солорони кишвар њам пайравї кунанд ва дини бењин хор гардад. Зеро ки дар назди Аши тундхўёнатарин кирдори мардумон фирефтани дўшизае шўйногузида ва обистан кардани ўст.
Рад ва Бендва баробар ошуфта гашта хитоб карданд:
—Шоњ аз авом фарќ дорад?!
—Бале, аммо фарќ дар он аст, ки бар дўши ў масъулият бештар аст ва ў динбурдори Ањурамаздо дар рўи замин аст.
Рад бо оњанги сохтаи дардолуд гуфт:
—Наљотбахши бузург, мардум норозист ва ман њам норозиям, ки омўзишњои Зардушт хилофи гуфтањои аввалааш мебошанд.
—Шумо аз чї норозї њастед?—бо тааљљуб пурсид шоњ.
Рад арз кард:
—Бунёди омўзишу фалсафаи Зардушт бо куњантарин боварњои ориёиён тазоди оштинопазир дорад.
Асмухвонвант ба ў эътироз кард:
—Зардушт мутафаккири љасуру навоварест, ки андешаву боварњои хешро бо диќќату тезбинии файласуфе  равоншинос ва љомеашиносу андешаваре баландпарвозу оянданигар ва шоире пуршўру њунарманд дар сурудањояш ба ёдгор мегузорад.
Рад паст наомад:
—Ман омўзишњои Зардуштро дар оѓоз бар он ќабул доштам, ки бисёре аз боварњои пешин љой доштанд. Аз он љумла, њама бар он буданд, ки Амшоспандони њафтгонаро бояд вуљудњои таљассумёфтае аз фазилатњои оњехтаи Маздо Ањура ё партав-њои офаридгор донист. Вале дар «Гоњон» ба њељ рўй бо вуљуд-њои муљассаме ба номи Амшоспандон дучор намешавем, хатто аз таркиби Амшоспанд низ дар ин сурудњо асаре намебинем.
Њама ба Зардушт нигаристанд.
Ў бе душворие посух дод:
—Мардумон дар фањмидани асли омўзишњои ман душворї кашиданд. Барои онњо илму фалсафа муњим нест, балки муайян намудани он муњим аст, ки офаридгор кист? Ањура Маздо—Худои яккаву ягона, ё Амшоспандон-офаридаи Ањура Маздо?
Рад бетоќатона гуфт:
—Амшоспандон офаридгоранд, ки худ аз љониби Ањура Маздо офарида шудаанд?! Чї љои нофањмої?
Ин навбат Зардушт эътироз кард:
—Ќоил шудан ба чунин вуљудњое дар «Гоњон» таѓйри љиддие ба гавњари аслии паём ва омўзиши Зардушт аст. Ин њолат бархе аз мардумонро дучори васвасаву иштибоњ карда, ба бероња кашонад.
Рад хомўш шуд.
Асмухвонвант Зардуштро тарафдорї кард:
—Дар ин Пояи донише, ки мардум ќарор дорад, дурустї ва ростї аз фалсафа ва омезиш доданњои фалсафавї авлотар аст.
Бендва љуръат накард, ки чизе бигўяд, медонист, ки ў марди илму фалсафа нест. Вале «эњ» гўён даст афшонд ва бо њамин норозигии худро изњор кард.
Боз чанд сухани носазо ва эътирозомез садо дод. Бендва, Рад ва чанде дигарон медонистанд чи даъвое кунанд. Маќсад паст задани таълимоти Зардушт ва худи ў дар назди шоњ буд. Ба фаросат Аша Зардушт њамаро дарк кард ва онњоро гузошта рўй ба шоњ овард:
—Эй Кайвиштосп, ту баргузидї дини  бењинро ва гаравидї ба кеши маздаясно. Аммо бехабар набош аз васвасаи њавасњои ањриманї, ки ба дили њар касе даромехта, тан ба фасодї кашанд.
— Кайвиштосп шоњ аст,  Ањриманро чї њаддест, ки ба тани ў дарояд?
—Ањриман худ чизе нест, вале њирс, љањл ва ѓурур ва шањват осон ба дилњо роњ ****д ва бартараф кардани онњо коре сангин аст.
Рад бо фалсафафурўшї хост ба аќидањо ва тартиби кори Зардушт зарбаи нињонї занад.
—Ањриман дев аст, вале ту девонро инкор мекунї. Ва агар деву Ањриман нест, чи тавр дар дили шоњ њавасњои ањриманї падид ояд? Пас дев шоњ аст, ё шоњ дев? Ва агар дев несту њавасњои эзадї дар дили шоњ падид омад, пас худи ў эзад аст!?
Бендва боз рўњ гирифта ба њуљум гузашт:
—Њаќќо, ки девон њастанд ва амал мекунанд. Девон ба дили њар кас сарварї кунанд. Чунин аст модадев Љањї, ки ба гуфтаи ту, «як нигоњи ў як севум аз селобњои равони кўњсоронро мехушконад, як севум аз гиёњони рўёни зебои зарринфомро мепажмуронад, як севум аз аз рустанињое, ки пўшиши замин аст, мехушконад, як севум аз андешаи нек, гуфтори нек, ва кирдори нек ва як севум аз нерумандї ва товони ашаванмардро мекоњонад».
—Аз дасти як Љањии русапии бечора чї кор ояд?   
Бендва дар љавоб дармонд. Дониши ў гўё тамом шуд.
Рад ба ёрии ў омада илова кард:
—Девњо танњо амал намекунанд, њамроњ ба мардумон зарар расонанд.
Аша Зардушт омўзишњои худро ба ёд овард ва бо он тарзи гуфторе, ки ба мантрадармонї наздик буд, аввал оњиста, сипас баландтар сухан гуфтан гирифт. Њозирон гўшу њуш шуданд. Дар љумлањои аввал гўё забони њамсўњбатон баста шуд. Ва дигар касеро ёрои он набуд, ки њарфе бигўяд. Суханњои Зардушт фазои толорро пур карда, сангиндилтарин ва љоњилтарин амалдоронро ба андеша водор намуданд.
—Замонест, ки барои ба даст овардани даромади муфт, кавиён, шоњзодагони фарзона, низ њуши худро ба њамин кор бастаанд ва аз ин роњ ба дурўѓкорон ёрї мекунанд. Онон мегўянд, ки љањонро бояд ба табоњї кашонд, зеро мастии нўшобаи Њаум, он дурдорандаи њуш, ононро барафрўхта ва бад ин корњо барангехтааст. Аммо дар пайи њамин корњо, пешвоёни кеши дурўѓин ва шоњзодагони худкома низ ба дасти касоне табоњ мегарданд, ки ононро то кунун нагзоштаанд, ки аз зиндагии озодона бархурдор бошанд. Аз ин ду даста забардастон ва зердастон, он зердастон њастанд, ки ба Хонаи Андешаи нек рањнамої хоњанд шуд.
Хомўшии гароне ба вуљуд омад. Аммо ба назари њамагон чунин мерасид, ки сухани сењрангези ў њанўз дар толор садо медињад. Ин суханњо дар дили онњо акси садо дода, зиштиву кажжињои нињоди ононро чун девњои тасаввурии зишту бадфеъл дур меронд. Вале дили дурванд ба як бору дањ бор гуфтану дарк намудан аз бадї пок нашавад. Ва он чи гуфта шуд, таъкиди сахте ба худи шоњ буд. Зеро ки њатто дар хусуси вазир ва вазирзодањо сухан равад, касе эрод намегирифт, зеро ки вазирон зиёд буданд. Аммо шоњ яктост ва њоло шоњ мазаммат гардид.
Њама интизори њукми шоњ шуданд.
Бендва дар дил шодї мекард, ки тир ба нишон расида, њоло Зардушт љазои сазовор хоњад гирифт. Чанде дигарон њам чунин хулоса бардоштанд. Фаќат Рад дар андешаи дигар буд. Аз хомўшии дароз дилаш гувоњї дод, ки њама ташвишњояш бењуда рафт. Чун љуръат карда сар бардошт ва ба рўи шоњ нигарист, чашмони ороми ўро дида, беш аз пеш дар њайрат шуд. Бале, бар хилофи пиндори аксарият дили шоњ бештар аз дигарон пок гардида, чун кўдаки навзод софу беолоиш шуд ва кўдаквор ашк мерехту шод буд, ки боз як сањви ўро Худованд тавассути ин марди наљиб ошкор кард.
Шоњ тољро аз сар гузошт, аз тахт поин шуд, фаро омад назди дигарон.
Њама ба таъзим бархостанд. Шоњ ба ин ањамияте надод, дар гўшае ќатори дигарон нишаст ва гуфт:
—Инак, ман сарнавишти худ ва мулкро ба дасти њанљамана месупорам. Чун сухан ба ин љо расид, ман наметавонам холисона њукм ронам. Аз ин рў, дар ин пурсиш ман шоњ наям, балки чун як ашавани пайрави дини бењї њастам ва мебояд, ки суду зиёни гуфтору кирдори њар кас муайян шавад…
Њама шоњро тањсин намуданд:
—Офарин бар ту, шоњ!
—Анўша будї. Шоњ суханашро идома дод:
—Вале моро аз довар чора нест. Доварї бояд аз Аша Зардушт бошад. Вале њоло, ки абрњои тираи шубњаву гумон бар сари худи ў фаро омадаанд, бигузор Асмухвонванти номвару доно довари мо шавад.
Рад маъќул ёфт:
—Нек бошад.
Дигарон низ писандиданд.
Асмухвонвант озодона ба кори анљуман шурўъ кард. Фаќат ваќте ки ба шоњ ва ба Зардушт мурољиат мекард, дар дилаш гароние эњсос менамуд. Вале пас аз чанд лањза аз посухњои  аљиби Аша Зардушт он гаронї паси сар шуд.
Асмухвонвант нахуст аз Зардушт пурсид:
—Дар ниёишњо ба Ањура Маздо ту шиква мебарї аз сарвар. Сарвар чи гуна мебояд?
—Сарвар касест, ки њастиро чунон, ки бояду шояд, аз бадиву палидї поку покиза созад ва рањбар касест, ки дар чунин њастї роњ намояд ва љањону љањониёнро пеш барад ва њардуро бењтару дурусттару расотар гардонад. Ва Кайвиштосп аз љумлаи бењтарин сарварони љањони моддист.
—Аммо ту шиква мебарї назди эзади эзадон.
—Касе, ки ба рањнамоиву рањбарии мардум баргузида мешавад, бояд додгартарин кас бошад ва дар анљоми корњои худ чи дар роњи коњиши бадї ва чи дар пешбурди корњои нек танњо аз рўи мењр ба худо рафтор кунад ва корњои худро чун намозу ниёз ба даргоњи Худованд бидонад ва њељ худхоњиро ба худ роњ надињад  ва барои он ки дар кори худ ком ёбад, аз Худои доно ёрї бихоњад  ва тану равону дилу љони худро расонидани паёми худо дар сартосари љањон бигуморад ва њар гомеро бо андешаи неку гуфтори неку кирдори нек бардорад, то ормони љањон бароварда шавад.
—Ормони ту чист?
—Ормони ман—поксозии љањон аст аз кажињо, костињо  ва хомињои њар кадом аз инсонњо.  Мехоњам, ки ноогоњї, нодониву каљандешии мардумро дар бораи Худои ягона дур созад ва бад- ин гуна бадгумонї, дудастагї, лаљбозї, дурўѓу гумроњиро аз хона гирифта, то љањони пањновар бизудояд  ва мардумоне тандурусту бедормаѓз, ки худопарасту љањонпарвар бошанд, бипарварам. Ман аз Худо илњом мехоњам, то  њар кадом аз корњои шоистаро равшантар дарёбам ва ба хубї анљом дињам. Ман хоњони неруям, то битавонам ба Расої бирасам.
—Хости ту аз расої ва поксозии љањон чист?
—Айирйама ишийу – бишавад, ки барои мењрубонии мардону занони зардуштї, барои ёрї ва мењрубонї, ки аз они Маниши нек аст, Анљумани дўстии орзушуда падид ояд, то виљдони њар кас подоши шоистаи худро дарёбад. Хостам подоши ростист ва ин орзуст, ки Худои доно меписандад. Айирйама ишийу—ниёишест барои устуворї, пойдорї, афзоишу густариши њамбастагии љањонї. Мехоњам, ки Анљумани дўстии љањонї падид ояд, ки дар он њама корњо бар Андешаи нек устувор бошанд, њама мардону занони зардуштї ба ормони худ, ки барои дарёфти он хирадмандона мекўшанд. Он ормону подоши он чизе љуз зиндагонии хушу хуррам ва дарозу дерпо дар сояи оини ростї ва дўстї нест. Худои Доно ва мењрубон њам чунин ормону орзуи љањониёнро гиромї мешуморад, зеро ки хости худой њам дар ин аст, ки мардум бо њам дилбаста ва якпорча гардида, дар ободонии љањон њамкори якдигар бошанд ва чун анљумане пайваста бимонанд.
—Коре, ки мо, бузургони ќавм, созмон медињем, кофї нест?
—Бегумон, барои пешрафти пойдор барљастагони фарзона мебояд, ки њар як дар кори худ устоди устодон бошаду нек битавонад корњоро гунае анљом дињад, ки суди он њамагонї бошад ва касе аз он бесуд намонад, ба вижа касоне, ки дар роњи дин ситам дидаву љавр кашидаанд ва дору надори худро аз даст дода, овора гардидаанд. Бояд њама даст ба даст дода, љањонро њар рўз аз рўзи гузашта бењтар, бартару тозатар бисозанд, то љањону љањониён пеш рафта, ба Расоиву Љовидонї бирасанд. Орзуву ормони ман густариши паёми худої ва роњнамоии мардум ба сўи зиндагонии дуруст, барангехтану дарёфтани њамкоронест, ки коршинос, кордон, росткору мардумдўст бошанд, дигаронро шодї бахшанд, осоиши худро дар осоиши дигарон бинанд, дигаронро баста ба донишу биниш омўзанд, натиљаи кору кўшиш на танњо барои худ, балки барои сохтмони љањони навин бошад.
—Аз сарони кишвар чї умед дорї?
—Кори мардумро наметавон дасттанњо анљом дод. Ниёз ба њамкорони хирадманд, кордон, пуркор ва мардумдўст дорам, то њама њамрой ва њамроњ гарданд ва кори некро пеш бибаранд.
—Ту аз Бендва шикоят бурдаї назди эзадон. Сабаб чист?
—Ман мехоњам мардуми бадро бо роњи ростї ба  хурсандї расонам, аммо Бендва њамвора ва беш аз њама дар баробари ман истодагї мекунад, бо кеши дурўѓ, роњи фиреб мардумро аз Ростиву Дурустї  бозмедорад. Ў на оромии афзояндаро барои худ нигоњ доштааст ва на бо маниши нек њампурсагї кардааст. Касоне, ки аз роњи Хиради бад ва бо забони худ хашму ситамро меафзоянд, дар миёни мардуме, ки созандаву офаринанда мебошанд, бењудагоне њастанд, ки њанўз кирдори нек кирдори бади ононро аз миён набурдааст.
—Чаро Бендва бо ту созгор нест? Чаро ба ў арз накардї, нафањмондї?
—Ман мехоњам, ки ўро ба рањи рост ва дини бењї роњ бинамоям, аммо ў гўши шунавої надорад, зеро кеши ў ва њамдастонаш дурўѓ аст ва пешаи онон њама фиреб аст ва ин пиндорбозон мардуми бекора, бењудаву муфтхоре њастанд, ки ба љони мардуми созандаву фарооваранда афтодаанд ва аз роње, ки метавонанд, аз онњо суд мељўянду бањра мебардоранд, ва чи басо, ки дар пайи озу судљўии худ љањонро бо хашму ситам ба хоку хун мекашанд.
—Гуноњи дигар вазирон чист?
—Вазироне њастанд, ки аз ноогоњии мардум суд љуста, ононро мефиребанд ва аз ин рањгузар  барои худ бозори гармеро падид меоваранд ва њамин корашон сомони иљтимоъро ба њам мезанад ва мардумро бечора мегардонад. Ин фиребкорон намегузоранд, ки мардум пайи огоњї бираванд. Инон бояд чун дўсту бародару падари мардум бошанд ва на ба гунаи фармонраво, ё корфармо ё љуз он, зеро ки рањбариву роњнамої худ як гуна њамкорї дар иљтимоъ аст. Ў бояд њамон кореро бикунад, ки дар як хонавода падаре мењрубону бародаре дилсўз ё дар анљуман дўсте дилљў мекунад. Дар он њељ чашмдоште барои суди калону шоиста дар миён нест, балки мењру мењрубонї ва кору њамкорист.
—Мардум дар торикии љањолат ва хаста аз ташвишњои рўзгор туро намефањмад.
—Ин мусибат аст, зеро пажмурдагї ва афсурдагї дур аз љовидонист. Мардумро бедор мебояд кард, ки бедории мардум бедории пешвоёни фиребкор хоњад буд. Ман хостори  тозагиям,  Растагорї бо касонест, ки бо дилу љон дар роњи худо ба навсозиву тозагардонии љањон мепардозанд ва зиндагии навинеро дар шодиву ободї оѓоз мекунанд. Омўзиши Паёми Ањура Маздо барои доно гардонидани љањониён мебошад.
Рад пурсид:
—Аз ин мардуми овораву сарсон чї фоида?
Бендва луќмаи дигар партофт:
—Ба кори дин рост кардани сарварон ва сарватмандон кофист.
—Як кас ба андак дороии худ метавонад бо ба кор бурдани шевањои дуруст хидмати хубе ба ободии љањон бикунад, аммо тавонгари сармоядор, ки бо дурўѓкор њамдаст аст, чун корњои нодурустеро мекунад, саранљом барои худ ва њам барои њамкори дурўѓкори худ андўњу табоњї ба бор меоварад. 
Шоњ пурсид:
—Пас, бо ин пешвоёни фиребкор љанг мебояд эълом кард!
—Бо ин пешвоёни фиребгор бояд љангид, вале на бо љангафзору зўрварзї, балки бо огоњу равшан гардидани дилу дидаи онон,  бо омўзиши дуруст ва бо парвариши андеша ва густариши он.
—Дами шамшер зуд њама касро ба њуш оварад.
—На. Бо зўрї ва фишор танњо дар забон дигар шаванд, аммо аз ин суде нест. Мебояд ки Маниши ононро дигар кард.
—Бегумон, на њар кас тавонад ба рањи кеши нав равад. Суду зиёни онњо чист?
— Бегумон рўзе, ки Ростї бар дурўѓ чира гардад, барои росткорон пирўзии бузурге хоњад буд. Аммо љањонро бояд рањбарони неку судрасони хуб бо донишу биниш ва дар оштиву оромиш пеш бибаранд. Бояд бо покиву покизагї кор бурд, зеро ки зиндагонии покиза аз бењтарин рўзњост, ки инсон мегузаронад. Анљумани некон он аст, ки дар он њама бихрадону фарзонагон бо њам мешаванд, рой медињанду роњ менамоянд ва дар миёни худ њамбастагиву њамоњангии минуї ва моддиро падид меоваранд, то кори Шањриёрии хубу баргузида ба осониву оромї пеш биравад ва ободиву шодиву Расоиву Растагорї ва љовидонї бањраи њама бишавад. Ин аст бунёди фармонравоии нек ва баргузидаи мардуми доно барои мардуми доно. Ман анљумане хоњам, ки љањони зинда ва љањониёнро нек роњ намояду пеш бибарад.
Шоњ бо њасрат оњ кашид.
Асмухвонвант ба шоњ нигарист:
—Саволе доред?
Шоњ бори дигар оњ кашид ва ноумедона пурсид:
—Пас, ин њама талошњои мо бењуда аст?
—На. Њазорњо ва дањ њазорњо касоне, ки дар оини вижа ба дини бењї гаравиданд, гўї дубора аз модар ба гетї омаданд: нахуст, аз пиндорпарастї ва озорсириштї дурї љустаанд, агар дузд буд —аз дуздї, агар зўрварз буд—аз зўрварзї, агар хунрез буд—аз хунрезї, агар љодугар буд—аз љодугариву афсунхонї ва агар девпараст буд, аз девпарастї, аз њамаи беморињои таниву равонии худ даст кашиданд ва мисли мо худоеро шинохтанд, ки донои хубу дорои хубист. Ба љои худоёни пиндорї ва пешвоёни фиребкору сардорони ситамкор Худои Доно, оини ростї, андешаи нек, озодї ва озодагї падидор шуд. Худхоњї рахт баст ва мардумдўстиву худопарастї омад. Худои ростин ва бо фарру шукўњ, ки бењтарин чизњо аз ўст, ки офаридгори њама аст. Интизори он бењтарин рўзам, ки пиндори њама карапанњо, усичњо, кулли девпарастон нек шавад ва аз девпарастї бозмонанд ва рўй ба некандешиву некгуфториву неккирдорї биоранд. Ва ман ононро бо оѓўши пурмењр истиќбол хоњам кард. Ва барои расидани он рўзи нек имрўз камар мебояд бандем. Фардо дер, хеле дер мешавад.
 Хомўшии аљибе ба вуљуд омад. Хомўшие, ки дилњо ва хиради нишастагон пайваста дар гуфтор, тањлили њол буд. Нигоњи чашмон гуфтанињои зиёде гуфтанд. Яке ризоият, дигаре норизої, дигаре хашму ѓазаб аз нобарорї. Њама ба шоњ нигаристанд.
Шоњ аз љой бархест, назди оташ рост истод, барсам ба даст гирифт ва  ниёиш кард:
—Бо панљ чиз пайвастам, аз панљ чиз гусастам:
Бо андешаи нек пайвастам, аз андешаи бад гусастам.
Бо кирдори нек пайвастам, аз кирдори бад гусастам.
Бо фармонбардорї пайвастам, аз нофармонї гусастам.
Бо Аша пайвастам аз Дуруљ гусастам.
Чунинам то рўзи Растохез, ки вопасин набард миёни ду мену даргирад.
Инак, хостори ин комёбиам, ки бисёр арљманд бошам
ва ба шањриёрии бузурге бирасам, ки дар он хўроки бисёр омода шавад
ва бањраву бахши њар кас бисёр бошад;
ки дар он аспон шиња баркашанду гардунањо бихурўшанд ва овои тозиёнањо дар њаво бипечад;
ки дар он хўроку тўшаи фаровон анбошта бошад;
ки дар он хушбўињо фаровон бошад;
ки анборњояш аз њар он чи мардумон орзу кунанд ва зиндагии хушро ба кор ояд, пур бошад.
Њама беихтиёр аз љой бархостанд, ба расми ниёиш истоданд ва он суханњоро такрор карданд
Сипас Кайвиштосп узромез ба Аша Зардушт мурољиат кард:
—Омўзгори бузург, њамаи моро сабаќе нек додї. Шањонро Ањура Маздо нисбат ба авом манзалаи бештаре додааст, вале масъулияте низ бештар.
Рад узромез илтиљо кард:
—Маро бубахш, наљотбахши бузург.
—Инро аз худованди бузург биталаб. Ман дар андешаи онам, ки Худованд гуноњњои худи маро бахшояд. Азбас гуноњи зиёде кардам, бояд шабу рўз дар ниёиш ва ситоиши ў бишинам ва нек андешам, нек сухан кунам, нек рафтор кунам. Хостори онам, ки дар танњої ба эзад саљда кунам, то гуноњони маро биёмурзад.
Дигар сухан зарурат надошт. Аз ин гуфтор суханњои ќаблан гуфтаи вазирон хор шуданд.
Њама таъзим карда баромаданд.
Чанд муддат ањли дарбор аз риёву тўњмату ѓайбат даст кашиданд.
Пас аз он, ки њама рафтанд, шоњаншоњ Љомоспро ба назди худ хонд. То дер сўњбат карданд . Корњои таъљилии мулкро маслињат намуданд.
 Љомосп ба шоњ арз кард:
—Ашу  Зардушт аз пешомади баде њушдор медињад.
—Чист ин пешомад?
—Боз фурсате мехоњад, вале аз рафтори баъзе вазирон ва солорони кишвар розї нест. Мегўяд, ки ба зоњир рањи некї гирифтаанд, аммо акси гуфтањошон амал мекунанд.
—То даме, ки одамиро нафс њоким аст, аз ин гуноњ  халосї нест. Бањри пешгирии нафси мансабдорон чора хоњем дид. Вале инро бо далел бояд собит намуд.
—Моро мебояд, ки усули кори  ниёгонро такрор кунем.
—Бале…

 97. ЗАРИР ВА ЗАРЕМАЙА

Кори падарро Йовишта анљом дод ва мувофиќи васияти Фрийана дар ќаламрави Арљосп маъбади нави зардуштї сохт. Он замон эъмори бинои на чандон калон бо оташгоњ кори мушкиле набуд, вале нигањбониаш ќуввату сабру тоќат талаб мекард. Ў як пуштибони хубе дарёфт. Духтари шоњ Заремайа, ки худро хушбахт, вале дур аз бахти заррини худ мешумурд, салоњи корро дар он дид, ки пайваста ба даргоњи худоён зауру мийазд барад ва аз онњо кушоиш талабад. Дар яке аз чунин бахтталабињо ў  суханњои аљиби Йовиштро  дар хусуси хешкорї ва сутудани эзадони нек шунид ва дил бохт ба ин кеши нав. Дар сўњбати хоса аз донишномаи навин огоњии тамом ёфт ва бар он омаданд, ки гўё шоњдухтар ба  Йовишт сохтани маъбади навро мефармояд.
Њама кор пинњонї сурат мегирифт. Аслан фарќи маъбади мењрпарастї чандон зиёд набуд, ба њуљраи дарунї, ки одатан муљассамаи Мењр, Мењроб ва оташи доимо фурўзон меистод, ѓайри саррўњонї ва соњиби маъбад касе њуќуќи ворид шудан надошт. Ва чанд муддат буд, ки корњои эъмори маъбад анљом ёфта, маросиму ниёишњо иљро мешуданд.  Духтари шоњ њар сари чанд ваќт ба зиёрат меомад. Љосусони дарбори Арљосп сабаби ин рафтуомади шоњдухтарро  фањмиданд ва ба Братрокрештур хабар доданд. Братрокрештур њамон замон шоњро огоњ кард.
—Аз дасти як дўшиза ин корњо наояд, —ханда кард шоњ.
—Вале њама њол гувоњи он аст, ки бар зидди мо амале андешида мешавад.
—Ин гапи дигар…—Хандаи шоњ њамоно гум шуд. —Меравем.
Ва инак, шоњу вазир ва муњофизон дар тан либоси сафеди хоси рўњониён ба маъбади Йовишта расиданд. Мубадон онњоро нашинохтанд, вале ба маъбад роњ доданд. Даста, ки ќадамзании сипоњонаашон аз мардуми авом, хоса рўњониён фарќ мекард, ба дили ходимону зиёраткунандагони маъбад тарс ва шубња ангехт. Онњо ба мењроб наздик шуданд. Он љо шоњдухтар Заремайа ба сар тўри сафеде партофта, ниёиш мекард.
Дар аввал ин манзара ба Арљосп писанд омад: духтари нозпарвардаш, ки гўё ѓайри нозу истиѓно коре надошт, њоло хеле љиддї ва бо эњсоси тамом эзадонро ситоиш ва ниёиш мекард. Ў дар нињояти фурўтаниву бечорагї дар назари шоњ хурдакак намуд, вале дар хираду фањмиш гўё њоло ба камол расидааст. Махсусан овозаш пурќуввату зебо садо медод:
—Аредвисура Аноњитаро, меситоем, ки дар њама љо домон густурда, дармонбахш, девситезу ањуроикеш аст.
Ўст, ки дар љањони астуманд барозандаи ситоиш ва ниёиш аст.
Уст ашаване, ки љон физояд ва галаву рамаву дороиву кишварро афзунї бахшад.
Ўст ашаване, ки афзояндаи гетист.
Ўст, ки тухмаи њамаи мардонро пок кунад ва зањдони њамаи занонро барои зоиш аз олоиш биполояд.
Ўст, ки зоямони њама занонро осонї бахшад ва занони бордорро ба њангоме ки боиста аст, шир дар пистон оварад.
Йенге њатам…

Арљосп ба ниёиш гўш дода дар тааљљуб шуд, ки вай аз оини  мењрпарастї кам фарќ дорад. Ниёиши духтараш ба ў низ тамкину осоиш бахшид. Ин њоли шоњро Братрокрештур ба хубї дарк намуд ва ба дил гуфт, ки ин кайфият метавонад зидди ў шавад. Бинобар ин бо овози паст гуфт:
—Бубинед, душманони мо чи тавр кор мебаранд, ки њатто шоњдухтарро ба кеши худ кашидаанд.
Њарду ба сухангўии шоњдухтар мутаваљљењ шуданд.
—Эй Аредвисура Аноњита, эй нек, эй тавонотарин!
Аз ту хоњонам, ки аз фарози ситорагон ба сўи замини ањуроофарида фуруд ої ва сарвару хонахудои маро дар паноњат нигањ дорї!
Аз ту хоњонам, ки муњаббати маро дар дили шањзодаи ман нигањ дорї.
Маро ин комёбї арзонї дор, ки дар муњаббат устувор бошам.
Маро ин комёбї арзонї дор, ки Зарири далер, писари Кайлўњроспро бар он дорам, ки муњаббати маро фаромўш накунад, њамвора маро биандешад, њамвора аз ишќи ман сухан гўяд ва њамеша ошиќона рафтор кунад…
Шоњ табассум кард ва ба вазираш истењзоомез гуфт:
—Дўшизагон аз Аредвисура Анањита бахт мељўянд. Чї љои тарсу вањм аст? Ба ту деви тарс ёр шудааст, ё парии Хненси?
—Аммо ин маъбади Анањита нест. Дар ин љо Ањура Маздо сутуда мешавад.
Шояд аз он, ки Братреш дар ин њолати ногувор паст ва ноустуворона њарф зад, ё њуши шоњ ба рафтори ѓайриоддии духтараш банд шуда, мењри падариаш љўш зад, ки ба гапи ў чанд муддат ањамият надод.
Хаёли шоњ ба сўи дигар рафт:
—Чї сиррест, ки тамоми кохњои бузурги ман натавонистанд дили шоњдухтарро кушоянд, вале ин сагхонаи кўчаки пурдуд ўро ин ќадар гуворо намудааст?
—Ин маъбади зардуштї аст, шоњам, ин љо нирангу љоду мекунанд.
—Фарќаш аз маъбадњои мо он аст, ки хурд аст ва назарногир. Мубадаш њам аз мубадони мо ќариб фарќе надорад.
—Ба миёнбанди мубад диќќат дињед, шоњам. Вай куштї бастааст. Вай љоду мекунад. Љодугар аст, эњтиёт шавед.
—Ў кист? аз куљост?
—Йовишт меноманд, аз мардумони мост, вале шояд гумоштаи Зардушт бошад.
Воќеан, аз ёди Братрештори вазири кабиршуда номи Йовишта, падари ў ва дигар ашхоси зодгоњаш кайњо фаромўш шуда, дигар ањамияте надоштанд.
Шоњ Арљосп гуфт:
—Тафањњус кунед, ки љосус набошад.
—Шахси кеши душманро пазируфта худ душман аст, аз њазор љосус бадтар аст.
—Њатто агар духтари шоњ низ бошад?
–Шоњдухтарро мо бесадо ба дарбор мебарем, ки байни нохайрхоњон овоза нашавад. Рухсат дињед, амал кунем.
Братрокрештури бузургљуссаи баландовоз  сабру тоќатро аз даст дода, баландтар сухан гуфт. Мубадёр аз ин нороњат шуда, ба љониби ў бо гўшаи чашм ишорае кард, ки ба ниёиши  шоњдухтар халал нарасонад.
Шоњ низ мафтуни худољўйии духтараш шуда ва монеъи кори Братреш шуд ва боз ба ниёишњои духтараш гўш дод.
—Хомўш шав. Дар тааљљуби онам, ки ин духтарча то имрўз дар назарам кўдаке беш набуд, барои мо мисли як зочаи дилкаш буд, аммо њоло баљидд ниёиш мекунад ва худо мељўяд.
Заремайа ба ниёиши дигар шурўъ кард.
—Эй Ањура Маздои ашаван!
Маро аз номи хеш, ки бузургтару бењтару зеботар аз њар чиз ва ба рўзи пасин коромаду пирўзмандтару чорабахштар аст ва бењтар бар душмани девону мардумони дурванд чира шавад, биогоњон…
Дар назди оташ ба саропои духтар ранги сурх давида, партави шўълањои оташ дар рўяш сайр мекард ва ба назар чунин менамуд, ки ў дар нињояти шодмонист ва бо табассуми малењ ниёиш мекунад. 
Аз дидани ин њолат ва бештар аз бепарвоии шоњ Братрештур хашмгин шуд.
—Шоњам, эњтиёт шавед, онњо метавонанд моро низ љоду бикунанд.
—Бубин, чи мўъљизаест.
Йовишта ва шоњдухтар Заремайа ниёишро давом доданд:
—Накўњиш мекунам девонро…
Братрештур бетоќатона ба шоњ ишорате кард. Шоњ хомўш буд.
Арљосп бештар дар њайрат шуда, бо садои паст  пурсид:
—Ин чи кеши аљибест, ки ман бо тамоми давлати бузург ва сарвату љавоњиротам ба он муваффаќ шуда натавонистам, то духтарам боре табассум кунад, аммо дар ин сагхонаи тангу тор  бори аввал  Заремайаро хандону шукфон мебинам!?
—Ба маънои гуфтањояшон ањамият дињед, шоњам…
Ин ниёиш барои Братрокрештур ошно буд. Бино бар ин таваљљўњи шоњро бедор карда, хост бо њамин зарбае ба раќибони худ занад.
Ибодаткунандагон  ниёиш карданд:
 —Љањони зиндаи мо дорои мардумон, љонварон ва рустанињост. Барои пешбурди он ба сўи ободї ва шодї, расої ва љовидонї бадињоро аз миён бардор ва сарваронеро ба сари кор биёвар, ки росткор бошанду кордон, яздонпарасту мардумдўст.
Братештор њамин љумлањоро интизор буд. Пас аз ин ѓолибона, вале дар назари шоњ камањамиятона луќма дод:
—Мешунавед, рањонандаи бузург?
—Кош чунин паямбарон дар мулки ман падид омадї…
—Онњо сарвари дигар—шоњи дигарро хоњонанд: оне ки парастишгари дини Зардушт бошад.
—Чаро дар ваќташ аз ин кешу аз ин омўзгор ба ман чизе нагуфтед? Умре ман чунин паёмбарро орзу мекардам. Аммо дар бораи Зардушт ба ман чизи дигар гуфтанд.
—Шоњам, ба худ оед, Ин магар зарба аз даруни мулк нест? Онњо сарвари зардуштї мехоњанд, яъне мехоњанд, ки Лўњросп ба мулки мо ояд ва ба љои шумо шоњ шавад…
Ана акнун тири Братрокрештур ба њадаф расид. Њарки аз њар чиз ќимоб аст: яке аз хирс, яке аз магас,  яке аз ангубин, вале Арљоспшоњ аз вожаи «талабгори тахт».
«Чи ќадар тахтталабонро ман аз байн бардоштаам, —аз дил гузаронд ў. –Њатто ба додарам шафќат накардаам. Зеро ки ќоида чунин аст. Ман ўро зарба назанам, ў љони маро мегирад. Вале духтари ман чї мехоњад»?
Сипас бо нафрат ба Братрокрештур гуфт:
—Духтари нозпарварди ман мехоњад, ки љои падар шоњи бегонаро биёрад?!
—Шоњам…
—Ё шояд ман хато мекунам?
Братрокрештур рањи макру њиларо пеш гирифт. Зеро ки агар бар асари пушаймонии шоњ њодисае шавад, метавонанд ўро гунањгор кунанд. Бинобар ин, чоплусона гапи лањзае пеш гуфтаи худро инкор кард. Аммо медонист, ба хубї медонист, ки њоло худи шоњ оташ гирифтааст ва дигар њољат ба луќмапартоињои ў нест.
—Ин васвасаи душманон аст.
—Духтари бечора ба макри душман афтодааст.
—Ин макри оддї нест! Ин балваст!
Братрокрештур хотирљамъ шуда нафаси сабук кашид, оќибат ба маќсад расид.
Ба ёди Арљосп-шоњ расид, ки замоне худи ў ба воситаи одамонаш шоњзодаи њанўз љавон Виштоспро зидди падараш Кайлўњросп шўронда буд. Акнун њама чиз гўё барояш равшан гашт. Ниёишгарон аз ин ин талхгўињои рўњониёни зоњиран баландпоя дар тааљљуб шуда, ба онњо нигаристанд. Маросим вайрон шуд.
Шоњ бо овози баланд фармон дод:   
—Паёмбари ман—гурзу шамшер, тиру камону каманди  ман аст… Пеши ин балвогарро бо гурзу шамшер мебояд баст. Заремайаро ба хона баред. Бубинед, ки аз мулки Виштосп бо кї суханварї кунад. Дигар њамаро сар занед. Оташи мењробро бо хуни парастишгарони дини Маздаясно хомўш кунед. Маъбадро ба хок яксон соз!
—Ба чашм.
Арљосп рафт. Ва  артешторон ба Йовишта њуљум карданд. Заремайаи ќавибозу ва чанде аз муридон Йовиштаро аз марг халос карда бурданд.
—Духтарро даст гиред,—амр кард Братрокрештор.
Саорбозон шоњдухтарро ињота карданд, вале бо тааљљуб истода, ёрои њаракате надоштанд. Дар байни онњо одате набуд, ки ба зан даст бардоранд.
—Даст баргиред! Ман шоњдухтарам!
Заремайа филфавр ду сарбози камќувватро зада аз худ дур кард. Дигарон таъзим кардаанд. Роњ ба сўи баромадгоњ кушода шуд.
Братрокрештур сари роњро гирифт ва писхандомез таъзим кард.
—Анўша будї, шоњдухтар.
—Дур шав!
Заремайа муште ба синаи ў кўфт, вале Братреши пурќувват чун кўњ аз љой наљунбид ва бо зањрханда гуфт.
 —Ин фармони шоњ аст. Бо мо биё.
Заремайаро бо эњтиром, вале дар ињотаи сарбозон бо зўрї бурданд, то бинандагон кї буданашро нафањманд. Пас аз он, ки маъбад аз одамони худї холї шуд, Братрокрештур фармон дод:
— Маъбадро бисўзед!

98. ОБДУЗДЇ ШУЃЛИ ФОИДАМАНДЕСТ

Шом. Сарои калоне дар маркази Балх. Бендва, Рад, Зантупатии Сакої ва чанд ашрофзодаи дигар њамроњи сипоњї  ба майхона медароянд. Амалдори сарватманд бо тавозўъ хидмат мекунад, маю хўрок меорад.
Нохост марде медарояд девсурат, ќавипайкар, дар сар шох мондааст. Фиѓон мекунад:
—Пањ-пањ, бўйи одамизод!
 Аксари њозирин тарсону њаросон ба ў нигариста хомўш мемонанд.
Вале Бендва масхаракорона девро истиќбол мегирад.
—Дуруд бар шумо, девон дев. 
—Њай-њай-њай. Агар дурудат намешуд, як луќмаи хомат мекардам. Барои як дуруд ин се парї ќурбони ту.
Њозирин шод шуда, каф мекўбанд.
—Офарин бар ту бод.
—Анўша будї.
Дев се дўшизаи тарсхўрдаро ба толор медарорад.
Њозирин маст шуда, тан  ба фањш медињанд.
Зантупатии сакої духтари наврасро  ба гўшаи торики сарой мебарад. Пас аз чанде фиѓони духтар баланд мешавад. Бендва бо дўшизаи дигари ѓамзада ба рўшанї мебарояд.
Кайвиштосп, Љомосп ва Асмухвонвант сурати худро дигар карда, чун тољирон дар сарой гардиш мекунанд, зоњиран шароб, вале аслан чой менўшанд ва рафтори њозиронро назорат мекунанд.
Асмухвонвант худро дуртар гирифтааст ва гўё онњоро намешиносад.
Дар паси ин одатњои зишту касифи дарбориён гуноњи бузургтари онњо нињон монд. Аслан он марди девсурати дўшизагонро таќдим намуда корфармои вилояти њамњудуди Турон буд, ки аз оби рўди бохтарї об медуздид. Зантупатии сакоиро ба он хотир зиёфат доданд, ки аз Бендва пайкону љавшани зиёде ба нархи хеле арзон ба даст овард. Соли охир Бендва аз ин њисоб рўзи худро хуш мекард. Ин њам аз назари шоњу вазир дур намонд. Сакоии маст нохост њисобу њасаби худро ба ёд оварда такроран гуфт:
—Њоло боз панљсад љавшан бидињї.
—Мешавад, љангсолор. Шароб нўш,—гапро ба дигар тараф бурд  Бендва.
Дев бо нуќлу наво омаду гуфт:
—Аљаб хирадмандонед шумо: илму фарњангатон ба њадде расида, ки аз оби сарди лойолуд кабобу симу зару париён баркашед.
—Ин њунари асили мост. Биё, бо мо бинишин, имрўз об бар ту бепул аст.
Шоњу вазир дар андеша монданд.
—Ин чї сару савдоест?—пурсид шоњ.
—Тањќиќ мебояд кард, —андешамандона посух дод Љомосп. – Тахмин дорам, ки савдои оби рўди нав аст, аммо далел  мебояд.
Як зани обистан дар даст тифли кўчаке омад. Ба Бендва гуфт:
—Ту тифлони худ хор кардаї….
—Ман сипоњиям,—гуфт калонгирона Бендва.—Сари худ дар рањи мењан нињодаам ва дар њар амали худ озод њастам.
Зани љавони бадномшуда эътирозомез хурўшид:
—Маро фиреб кардї. Гуфтї, ки ин љо чораи кори маро мекунї, аз душманам наљот мебахшї. Аммо ту худ душманї кардї. Аз подафраи гуноњат андеша бикун.
—Ман сарвати зиёд дорам,—гуфт зантупатии сакої.—Дар маъбадњо хайри зиёд кардаам ва дар кори  худ озодам.
Сипоњии аз шаробу нўшобаи њаум маст хандид ва ба зани њамроњаш гуфт:
—Ман худ бепадар будам, ба ман фарќ нест.
Бо ишораи шоњ Асмухвонвант эътироз кард:
—Шукри бењад изадони покро. Аммо бидонед, ки мардумон дар зоиши фарзандони Дуруљ њамкорї мекунанд.
—Чи тавр?—мастона пурсид Бендва.
— Ваќте ки Суруши порсо аз Дуруљ инро пурсид, вай гуфт: —Дар байни мардум чањор наринаанд, ки аз амали онњо ман фарзанд бизоям: Нахустин наринаи ман касест, ки талбандае ба хонаи  вай ояду ў ноне надињад.
—Ња, ин ман нестам…—хулоса кард Бендва.
—…Дувумин касест, ки бо занони рўсапї даромезад ва ёди зану фарзандони худ накунад.
—Ин гуноње нест…—ѓурунгос зад сакої.
—…Севумї он, ки дуздї кунад ва ришва ситонад.
—Њммм. Боз чї?—пурсид Бендва.
—…Чањорумин касест, ки бо фанду фиреб ва зўроварї ба чизи касе соњиб шавад. Фарзандони онњо нони ба дуздї ва ришва гирифтаи онњоро бихўранд ва фарзанди дев шаванд ва чун девбачањо оламро табоњ кунанд..
—Ту кистї?—хурўшид Рад. Аз Зардушт ќимоб шуда ин љо панањ бурдем, ту аз кадомин гўр пайдо шудї?
—Манам пайрави кеши маздаясно.
—Мо њам пайрави кеши нав њастем, —мастона арз кард Бендва.
—Вале ин рафтори шумо ноашаванона аст.
—Мо пиндори худро нек кардем, гуфторамон нек аст, кирдорамон низ.
—Ба забон, аммо на дар амал!?
—Умре вазирон чунин буданд, умре чунин бимонанд: аз назди чашмаи оби зулол гузашта як каф об нанўшидан гуноњ нест. Вале ба хўрдан оби чашма кам нашавад.
—Аша Зардушт мехоњад, ки мардуми бадро ба роњи Ростї ба Хурсандии аслї бирасонад.
—Э, Зардушт худаш кист, ман сад њамтои ўям.
—Бендва, ту њамвора ва беш аз њама дар баробари ў истодагї мекунї.
— Кофист. Ман фориѓам аз хидмат ва порае роњат мекунам...
—Эй касоне, ки зебо ба Андешаи нек пайвастаед ва бо родмарди афзоянда њамкор шуда, Ростї мегустуред, пеши хашмро бигиред ва дар баробари ситам биистед. Худоё, чунин касоне дар банди ту мебошанд.
—Ман озодї ва ободии худро мехоњам.
—Эй Маздо, кай мардум дар ободї  хоњанд зист? Кай бадмастии ин зањроб бархоњад афтод? Аз ин аст, ки пешвоёни дурўѓини кеш ва фармонравоёни бади кишвар ба каљандешии худ пайкар мебахшанд. Кай, эй Худои Доно, Оромиш бо Шањриёрї оштї ва ободї хоњад овард?
—Чї касе ба донишу биниши Маниши нек хоњад расид?
— Онон судрасони  кишварњо хоњанд буд, ки дар пайи хушнудии Маниши нек њастанд ва кирдори худро бар рўи Ростї ва оини ту устувор месозанд. Бегумон, онон барои набард бо хашм сохта шуданд. Вале набарди бузургтарин—чира гаштан бар нафси худ ва хоњишњои зишти худ аст.
—Ман отурбонам, —хурўшид Бендва.
—Ман отурбонам, —арз кард Рад.
—Ман њам отурбонам, —эътироз намуд Зантупатии сакої.
—Ањура Маздо чунин фармуда: «он кас, ки паном бар дањон бандад, аммо камар ба нигоњдории дин набаста бошад ва бигўяд, ки  ман отурбонам, дурўѓ мегўяд».
—Ман отурбонам! —таъкид кард мастона Рад.
—Эй яздони пок, аз гуноњи мардумон даргузар… Мебояд, ки њама маросимњоро ба пуррагї навишта кунем, то њар мубад бо хостори худ ниёишњоро ба љой наорад.
Бендва ба шўр омад.
—Э, ман онам, ки бо размафзори худ пардаи осмонро дарронам, Ањриманро аз Куноми дужангњу (Дўзах)  кашида гирам, Ањура  Маздоро дар Сарои Вар бидорам, бар гардани њарду банд занам  ва онњо ба љои љуфти аспон гардунаи маро дар осмону замин кашонанд! Худи туро ба зиндон партоям ва бо њукми Кай Виштосп ба дор кашам! Бандед ва ба зиндон баред инро!
—Вой бар њоли Ориёнвайљ бо чунин абармардон.
Асмухвонвант бархест ва рафт.
Шоњ Виштосп дар аљаб монд ва фармоиш дод:
—Ин аст тинати мардони кор, ин аст асли пиндори дуруљвандон. Номае иншо кунед, ки њама кирдори дурвандона ва ноашаванонаро зикр кунад ва љазои сазоворро пешбинї намояд.
—Нек бошад. – шодона изњор кард Љомосп.
Майдони маркази назди сарой, ки Зардушт рўзњои аввал мезист ва рўйдодњои нохушро мушоњида мекард, намуди дигаре гирифтааст, растањо озодаанд ва оташи муќаддас нур медињад ва занону мардон бо њам рафтори мувофиќ доранд: зане, ки њомила буду аз сарватманде даъвогар буд, дар даст тифлаке њамроњи сарватманд шоду хушбахт меравад. Ягон марди роњзан ба назар наменамояд. Њама дар даст барсум ба сўи маъбад равонаанд ва шукр мегузоранд зуњури Зардушт ва дини ўро:
—Аз он рўзе, ки ин марди нуронї ба шањри мо омад, њама дигаргун шуданд…
—Имрўз мањзамон аст, мебояд, ки ба хуррамї бикўшем.
Зан лутфе кард:
—Пеш аз ў девон ошкоро бар ин замин дар гардиш буданд; ошкоро комраво мешуданд, ошкоро занонро аз мардон мерабуданд ва зорикунандагонро меозурданд. Он гоњ аз як ањура ваирйа, ки Зардушт чањор бор бо диранге дархуру дар дувумин нима ба овози баландтарин бисуруд, њамаи девон ба њарос афтоданд: ба-д-он гуна, ки он нобакорони ношоиста барои ситоиш ва носазовор барои ниёиш дар зери замин пинњон шуданд.
Ба њар њол, шоњидон аз кори пасипардагии њамкорони худ, аз хиёнати нангин ноогоњ монданд. Ва натиљаи обфурўшию пайкону шамшеру љавшанфурўшї дертар аён шуд, замоне, ки дер шуда буд, хеле дер…
Атторбачаи бохтарї ба кохи Арљосп омада, бо бањонаи тиљорати хушбўињо ба ин хонадон рањ ёфт. Номаи шањзода Зарирро бо худ оварда буд, хост онро бе хато ба шоњдухтар расонад, аммо гумоштагони шоњ зиракона нигањбонї мекарданд ва он нома ба дасти доя афтод ва доя онро ба одамони Братрокрештур дод ва њамоно ба шоњ расонида шуд.
Арљосп аз ин дарѓазаб шуд ва фармон дод:
—Дигар ягон касро назди Заремайа нагузоред.
—Ба чашм, —таъзим кард Братрокрештур.
Братреш шод буд, ки сирри хонаводагии шоњро медонад.

99.  ХШМАЙЕБЙА ГАУШУРВАН,
 Ё  САНГИ БАЃАЛИ БЕНДВА

Табиати одамї чунон аст, ки њар сари чанд ваќт таљрибаву сабаќи талхтаринро низ фаромўш мекунад. Мањз аз ин, ки офаридгор пайвваста ба мардум расулони нави худро мефиристад. Солиёни зиёде гузашт ва мартабаи кеши нав баланд шудан гирифт, вале нохалафони Зардушт нохалаф мондан гирифтанд ва дар банди ранљу азият гирифтор шуданд. Зеро ки њаргиз ба ў тан додан намехостанд ва њамзамон дар баробари ў на чорае, на сабабе, на бањонае ёфта наметавонистанд. Вале ба њар восита мехостанд ба ў зарбае зананд. Омўзгорони кешњои дерина нињонї кори худро давом медоданд ва гўё њамеша мавриди мувофиќеро интизор буданд. Мувофиќи ќоидањои мављуда дар љашни навбатии Наврўз пирўзии кеши Зардушт таъкид мегардид ва њар кас пешнињод мекард, ки ба таври љолибтар ин њодисаи муњимро љилвагар созанд. Ва Бендва њам ѓайри чашмдошти њамагон пешнињоди аљибе кард ва онро шоњу вазирон писандиданд.
Бо хиради бад ёру гирифтор будани Бендва ба он расонд, ки дар фикри ноаён зарба задан ба Зардушт афтод. Ва ноњаќанд касоне, ки њатто имрўз њам пиндори гуфтаи Аша Зардуштро ба љои аќл ва хирад пиндоштаанд. Аќл ва хиради Бендва кофї буд, ки бисёр чизњои мураккабро биандешад, вале ба роњи бад равона мекард. Бубинед, хиради бади ў то куљо расид: аз намоишномаи «Ишќи парї» муддате њоли дили худро дарёфт, вале аз он натиљаи бадтар ва зишттаре баргирифт: дар фикри он афтод, ки намоишномае тањия кунад дар њаќќи Зардушт ва ноаён ба омўзиши ў зарба занад ва нагунсор кунад ва ба табоњї кашад. Ва худ муаллифу коргардони он шуд. Чунин касе магар метавонад хирад надошта бошад? Вале хиради ў худро ба пиндору гуфтору кирдори бад равона кард.
Он замон барои таљлили љашнњо ањли њунар намоишњое месохтанд, ки дар баробари чомаву чакома гуфторњо ва амале илова намуда љашнро пурратар баён мекард. Баъзан бо талаби њунармандони наќшофар порањои калони намоишномаи сањнавї низ ба матои љашнворањо ворид мегашт ва як навъ театри мусиќї падид меомад. Бендва дар муддати кўтоње њунармандони барояш заруриро дарёфт ва фикри худро пешнињод кард. Чун дурусте зар дод ва гуфт, ки агар маќсад њосил шавад, мукофоти бештаре хоњанд гирифт, њунармандон њама сафарњои худро як сў гузоштанд ва аз пайи тањияи намоишномаи нодире шуданд.
Ва дере нагузашт, ки ин намоишнома омода шуд ва дар њузури шоњ дар яке аз шомњои базми наврўзї ба ањли дарбор пешнињод гардид. Ба он «Хшмайебйа Гаушурван — Баргузида шудани Зардушт ба сарварї» ном нињоданд. Вай шояд аз љумлаи нахустин намоишномањои љиддии ориёї ва љањон аст, ки дар Готњо низ дар мавриди ба чашми тањќиќ нигаристан сурати ноаёни онро метавон дарёфт. 
Наќшњои асосии намоишнома, ки одами зиёд надошт, Ањура Маздо - офаридгори яктои њастї, Геушурван - равони љањони зинда дар сурати Гов, Аша ё Ростї— дастури сомони офариниш, Маниши нек—андешаи рањнамо ва Зардушт буданд.
Њунармандони иљрокунандаи наќшњои Ањурамаздо ва Аша ва Маниши нек ниќобњои рамзие ба рўй карда буданд ва бештар дар нимторикї монда кам њаракат мекарданд, танњо суханњои онон мегуфтанд. Љањї, мардону занон дар сурати мардумї буданд. Вале иљрокунандаи наќши Аша Зардушт чунон худро ба ў монанд карда буд, ки касе ўро аз аслаш фарќ карда наметавонист. Вале худи Зардушт дар љои муќаррариаш – дар бари Кайвиштосп  нишаста буд.
Намоиш бо номи «Дўсти љањон» оѓоз ёфт:
Дар сањнаи калони байни сарой ва кўшки шоњ фазои холии сабз сохтанд.
Ањура Маздо дар муддати як сол љањонро падид овард ва нахустин мављудот—Геушурван —Равони љањонро офарид, ки дар сурати барзагови бузург аст. 
Гов назди Ањурамаздо, Ростї ва Аша  омада, гирист ва арз намуд:
Геушурван. Чаро маро сохтед? Кї пайкарамро тарошида? Маро хашму зўру ситам ба сутўњ кашонидаанд. Ман љуз шумо ободкунандаи дигаре надорам. Маро бо касе ошно созед, ки некуву судбахшу ободкунанда бошад.
Созандаи љањон Ањура Маздо аз Ростї пурсид:
Ањура Маздо. Кадом роњбари дурустеро барои љањон дар дида дорї, ки битавонад ўро тўшу тавоної ва ободонї бахшад? Чї касеро мехоњї, ки сарвари њастии ў шавад, то њам Хашмро ва њам озори дурўѓкоронро биронад?
Ростї. Худои Доно, ки аз рози зиндагонї ба хубї огоњ мебошад, медонад, ки ба сарварї касеро мебояд баргузид, ки њам беозор бошад ва њам дўсти љањон.
Ањура Маздо. Њељ касро намешиносї, ки аз рўи Ростї ва танњо Ростї сарвари њастї ва рањбари дуруст шавад?
Ростї. На  Аз онон, ки дар пеши мо њастанд, касеро намешиносам, ки забардастонро барои ёрии зердастон барангезад, вагарна ман ба овои ў, ки дар инон тавонотарин мебуд, бедиранг мешитофтам. Худои Доно аз њама огоњ аст, ки мардум дар гузашта ба номи худоёни пиндории худ чињо кардаанд ва дар оянда чињо, ки хоњанд кард. Ў худ довар аст. Маро њамон шавад, ки ў мехоњад. Пас бењтар аст, ки ману равони љањони борвар дастњоро ба сўи Худои Доно баланд кунем ва мењрубониашро бихоњем: оё касе, ки бо Ростиву Дурустї мезияд, зиндагонї нахоњад дошт? Оё аз миёни дурўѓкорон касе, ки љањонро мепарварад, нахоњад бархост?
Ањура Маздо. Аммо, эй Ростї, ман туро барои мардумоне офаридаам, ки худ обод бошанд ва дигаронро обод созанд!
 Ростї. Худои Доно, ки Ростї бо ў њамоњанг аст, паёми худро дар посухи дархости ширини љањон омода месозад, зеро аз рўи оин ў нигањбони касонест, ки аз вай паноњ мехоњанд.
 Ањура Маздо. Эй Маниши нек, оё ту касеро, мешиносї ки мардумро ёрї кунад?
Маниши нек. Оре, ман мешиносам, вале танњо як касро. Он, ки ба омўзишњои мо гўш медода бошад, Зардушти Спентамон аст. Эй Маздо, ў омода аст, то ин паёмро барои Ростї аз роњи сурудњояш ба мардум бирасонад. Пас чї бењтар, ки ба ў ширинии забон дода шавад.
Ањура Маздо. Бигузор чунин шавад.
Ва Зардушт бо амри Худованд њозир шуд.
Зардушт. Эй Ањура Маздо, эй Худованди љону хирад, сарам дар намозат хам аст ва дастњоям барафрошта. Пеш аз њар чиз ёрии хиради афзояндаи туро хостгорам. Мехоњам бо корњои росту дурусту поки худ, ки аз хирад ва бо дониши нек анљом мегиранд, туро ва равони љони зиндаро шод созам.
Ањура Маздо. Чї хоњише дорї?
Зардушт. Худоё, диламро барангез ва аз Оромиш тавоноиам бахш. Аз афзояндатарин хиради хеш, эй Маздо, посух ба ниёишњоям дењ. Аз Ростї нерўи фаровонам фармо ва аз Маниши нек шодиам арзонї дор. Эй Худое, ки њама чизро, мебинї, ёриам кун ва бо мењрубонии бемонанди худ, ки аз Шањриёрии ту сарчашма мегирад ва аз некињои Маниши нек бармехезад, маро бинавоз ва аз роњи Оромиши рўњафзун виљдонамро ба Ростї огоњ соз.
Ањура Маздо. Ту њамонї, ки тавонї муроди Геушурван њосил  кунї.
Ногоњ Геушурван— Равони љањон бигирист.
Геушурван. На, на. На…
Эзадон дар њайрат шуданд
Ростї. Чаро гирён шудї, ай Геушурван?
Маниши нек. Чаро нолону беумед шудї, ай Геушурван?
Геушурван (басо гирист ва нињоят ба гуфтор омад). Чї гуна марди нотавонеро бо он овои нотавонаш ба сарварї бипазирам! Ман фармонравои пурзўреро мехоњам. Кай он рўз хоњад дамид, ки ў бо бозувони тавонои худ маро ёрї дињад?
Маниши нек. Танњо ў тавонад ки пирўз шавад, зеро ки инсон созанда ва офаринандаи љонварест андешанда. Њамин андешандагї метавонад ўро рањнамої кунад ва корашро осон гардонад. Пас, бояд андешаашро дуруст кард. Ин љоест, ки Воњуман, он андешаи неки худо низ падидор шавад. Бояд нишон дод, ки зўртану зўровою зўрбозу ба сари худ зўр нест, дониш зўр аст.
 Ростї. Барои чунин коре ду чиз мебояд: неру барои дур доштани љавру ситам ва дониш барои густариши ободиву шодї. Љустуљўи љањонї танњо як касро сазовори чунин љойгоње нишон медињад, ки њарду ба њам анљом дињад. Ва шигифт он, ки неруи чунин касе дар суханварии ў нињон аст, на дар бозувони ситабраш. Ў танњо чизе, ки мехоњад, андешаи некро барангезонад, то аз он некандешї гуфтору кирдори нек бар ояд. Оини вай аз як сў дар баробари зўр сар хам наменамояд ва истодагарї мекунад ва аз сўи дигар аз роњи кору кўшиш дар оромишу оштї љањонро обод мегардонад. Ин гомест бас тоза, оинест бас тозакунанда. 
Ањура Маздо. Ва ин кас Зардушт аст, бунёдгузори дини бењї, созандаи Анљумани дўстии љањон, падидоварандаи дўстии љањонї. Аммо касе ўро бар љањониён намегуморад. Ў дар баробари хоњишу орзуи љањониён ситамдидаву бедодчашида пешнињод мешавад. Ў барномаашро  ошкор менамояд ва мардумон ўро меозмоянду месанљанд ва ўро ба ростї росткору ба Дурустї дурусткор меёбанд.  Пас, њар кас ўро бо ройи озоди худ ба сарвариву рањбарї бармегузинад.
Геушурван (лањзае андеша кард. Уро мебояд санљид.
Ањура Маздо. Бисанљед.
Геушурван (аз Зардушт пурсид). Кистї ва аз кистї ва чї гуна дар ин рўзгори дудилї рањнамоињоро ба љањониён ва ба худ хоњї кард?
Зардушт. Ман Зардуштам ва то он љое, ки метавонам душмани ростини дурўѓкор мебошам ва ёвари неруманде барои росткор њастам
Маниши нек (пурсид). Чиро мехоњї бидонї?
Зардушт. Мехоњам дар Ростиву Дурустї биандешам. Ростиро бинонам..
Ањура Маздо. Ман худро бармеангезам, то Сурўш, он овои дарунї бо армуѓони некўї андар ояд, то аз он роњ ба ду гурўњ— неку бад подошњои рањоибахш дода шавад.
Зардушт. Эй Худои Доно, аз ту мепурсам: «Чињо мешавад ва чињо хоњад шуд? Ояндаи касоне, ки аз Ростї пайравї мекунанд, чист? Боре, саранљоми кор чї хоњад буд? Кадом роњ бењтару бењтар аст, он ки росткор бармегузинад ё он ки дурўѓкор?
Ањура Маздо. Бубин.
Нуре падид омада, Маниши некро равшан намуд, сипас Ростї аз нур равшантар шуд. Зардушт бо дидаи дил ба он назар кард ва њамаашро ба фаросат ва дониш дарёфт ва арзи сипос кард:    
Зардушт. Эй Худои Доно, бо дидаи дарунї дарёфтам, ки ба Ростї туї падари Маниши нек, туї офарандаи Ростї ва туї сарпарасти корњои зиндагонї. Дарёфтам, ки Оромиш аз туст, Хиради љањонофарин аз туст.
Ростї. Подоши пайрави Ростї чист?
Зардушт. Касе, ки аз росткор пайравї мекунад, барои худ дар фурўѓи рўшної љойгоње бармегузинад ва касе, ки дурўѓкор аст, замоне дароз дар тирагї бо оњу нола ба сар мебарад.
Маниши нек. Кист љўяндаи Маниши нек ва сифати ў чи гуна аст?
Зардушт. Њар касе, ки аз родї бархўрдор аст, барои дарёфти Маниши нек ва Шањриёрї  мекўшад ва Ростиро дар гуфтору кирдори худ мепарварад.
Ростї. Эй Худои Доно, аз сўи ту чунин касе бењтарин ёвари мардум аст.
Маниши нек. Бењтарин касест, ки оину дини туро, ки ба анљумани муѓон ва њамбастагии љањонї бунёд ёфта, шинохта ва пазируфтааст.
Зардушт. Эй Ањура Маздои ашаван! Маро аз номи хеш, ки бузургу бењтару зеботар аз њар чиз ва ба рўзи пасин коромаду пирўзманду чорабахштар аст ва бењтар бар душмании девону мардумони дурванд чира шавад, биогоњон, то ман бар њамаи девону мардумони дурванд пирўз шавам; то ман бар њамаи љодувону париён чира шавам; то њељ кас натавонад бар ман чира шавад: на девону на мардумони дурванд ва на љодувону на париён.
Аз осмон садое баромад ва дар дили Зардушт љой шуд, тамоми вуљуди ўро чун оташи созандае фаро гирифт, дар тамоми вуљуди ў эњсоси номатлубро сўхт ва гўї аз нав аз батни модар таваллуд шуд. Ва он ин сухан буд:
Ањура Маздо. Њумат, Њухт! Њваршта!—
 Зардушт. Пиндори нек! Гуфтори нек! Кирдори нек!
Ањура Маздо. Эй Зардушт! Ту њамвора дўстро аз душмани бадхоњ нигањдор бош! Раво мадор, ки дўст дучори газанд шавад! Магзор, ки дўст аз осеб ба ранљ афтад! Магзор он диногоње, ки маро ва Амшоспандонро ниёзе бузург ё пешкаше хурд оварад, аз дороии хеш бебањра монад! Эй Зардушт, ба миёнљии ман дарёб, ки саранљоми зиндагии оянда чи гуна аст. Њазор дармон бирасод! Дањ њазор дармон бирасод, аз Спандармад бирасод! Бо ёрии Спандармад душмании девро аз њам бипошед ва ўро парешон кунед; дастњояшро барбандед; размафзорашро дарњам шиканед ва ба занљираш даркашед ба-д-он сон, ки њамвора дар банд монад.
Зардушт. Нек бошад, эй Маздо. Бар ман бигўй, оё ашаван бар дурванд пирўз хоњад шуд? Оё ашаван бар Дуруљ чирагї хоњад ёфт? Оё ашаванон бар дурвандон чира хоњанд гашт?
Ањура Маздо. Бале, агар ту паёми маро ба Дурустї ва Расої ва Љовидонагї бар мардумон бирасонї.
Зардушт. Нек бошад. Эй Худои Доно, ба андешаи нек назди ту меоям. Маро аз роњи Ростиву Дўстї, некї ва бањраи њарду њастї— таниву минувї дор, то ёронамро ба осоишу оромиш бирасонам. Эй Ростї ва эй Маниши нек, ман барои Шумо сурудгўёнам, сурудњое, ки то кунун кас насуруда. Њамчунин барои Худои Доно суруд мехонам ва низ барои касоне, ки барояшон Оромиш, Шањриёрии шикастнопазирро густариш медињад. Ба ниёишам гўш кунед, ба ёриам бишитобед.  Бегумон ман равонамро ба Андешаи нек њамсоз мекунам ва медонам, ки њар коре, ки барои Худои Доно анљом мегирад, чї подоше дорад. То тобу тавоної дорам, њамаро хоњам омўхт, ки чї гуна аз Ростї пайравї кунанд.
Геушурван аз гиря бозмонд, шодї кард ва гуфт:
Геушурван. Эй Ањура Маздо, худованди љону хирад, Шумо ба вай аз роњи Ростї ва Маниши нек нерў ва Шањриёрї арзонї доред, то ў ободї ва Оромиш падид оварад. Ман њам ўро, эй Маздо, бењтарин баргузидаи ту медонам.
Ростї. Ва, эй Зардушт, роњи бузурги ту бар Аша, роњи ростї ва расої ва љовидонагї, роњ ба сўи Созмони љањонии дўстї оѓоз ёфт. Мо дар ин рањи мушкил њамроњи ту њастем. Пеш бирав.
Маниши нек. Ба дилу дидањо бирав ва пиндори мардумонро нек бигардон,
Ростї. Гуфтори мардумонро нек бигардон,
Ањура Маздо. Кирдори мардумонро нек бигардон… 
Ва роњи Аша Зардушт оѓоз шуд:
Дар сањна ду хат ба рамзи ду роњ пайдо мешавад. Дар оѓози яке «Роњи Гаем—Љон» навишта шудааст, дар дигарї «Агаем—Нозинда». Охири њарду роњ ба майдони сабзу пурнур мебарад, вале дар байни ин роњ оташ, дуд ва ноободист ва хати роњ гум шудааст. Мардумон ба ду гурўњ људо гашта, бо ин ду роњ равона мешаванд.
Зардушт(маъвизв кард). Пас бењтарин гуфтањоро бо гўш бишнавед ва бо андешаи равшан бингаред. Сипас њар марду зан аз Шумо аз ин ду роњ якеро барои худ баргузинед. Ин омўзишро пеш аз он, ки рўзи бузург, рўзи баргузинии роњи зиндагонї фаро расад, дарёбеду нек бифањмонед. Њангоме, ки ин ду шева нахуст бо њам расиданд, «Љон» ва «Нозиндагонї»-ро офариданд. То поёни њастї бадтарин андеша барои дурўѓкор ва бењтарин андеша аз они росткор хоњад буд.
Дар роњи «Агаем—нозинда» бетартибї ва зўроварї ва беадолатї њукмрон аст.
Марде ситамдида бо нолаву фиѓон њоли худ ва њамроњонро шарњ медињад:
Мард. Бубинед, дар роњи агаем—нозинда зўр пирўз аст, љавру ситам равост, фармонравоён зердастонашонро меозоранд, тавонгарон бенавоёнро мефишоранд, хонабардўшон бар шањрнишинон метозанд. Танњо тавоно метавонад зинда бимонад, зеро ки кашмакашњои зиндагонї худ яке аз ангезањои зинда мондан аст. Ин дастур барои даду доми љангал гуворост. Аммо инсон дигар танњо љонвар нест, ў бисёр чизњоро пайдо карда ва бисёр чизњоро сохта, офаринандаву созанда гардидааст. Ин корњо ба ў неруи бузурге доданд. Ў њам метавонад чизњои шигифтоваре бисозад ва њам метавонад чизњоеро ба шигифтї нобуд созад. Ин симои нобудсозаш бими бузурге њам барои худаш ва њам барои дигар љонварону гиёњони љањон падид овардааст. Пас дастури осмон наметавонад ба танњої ин њама душворињоро бардорад. Бояд пайи чора рафт. 
Мардумон ба Зардушт савол медињанд:
Мард. Нек чисту бад чист?
Зардушт. Некиву бадї љуз санљиши андеша чизе нест. Он санљиш аст, ки суду зиён дар дида мегираду мегўяд, ки он чи судманд аст—нек аст ва он чи зиён мерасонад—бад аст. Вагарна ба сари худ њељ чиз на нек асту на бад аст.
Зан. Вале чизе њаст, ки барои ман судманд асту барои дигарон зиёновар.
Зардушт. Агар чизе барои касе судманд бошаду барои дигарон зиёновар, онро наметавон нек баршумурд. Нек он аст, ки ба суди як каси худхоњ набошад, балки ба суди росту дурустии дигарон њам бошад. Агар некї аз андеша бигзарад, бар забон ояд ва аз забон бигзарад, ба кирдор ояд. Ва роњи дигар агар барои анљомдињанда суди кўтоњзамоне бирасонад, дер ё зуд ба зиёни ў поён меёбад ва барои мардум ба њар рўй, ки бошад, зиёнманд хоњад буд. Бубинед, дар сари роњ навиштаљотест, якеро гаем—љон, њастї, зиндагонї ва дигареро агаем—нољон, нозиндагонї, марг навиштаанд. Аммо онњо хилофи њамдигар нестанд ва маънии он жарфтар аст.
Мард. Маънии аслии ин чист?
Зардушт. Гаем—љињати зиндагиву равиши зиндагиро гўянд, ва он љуз љон бошад. Пас, хиради афзоянда ва љовидон љон мебахшад. Ин аст маънии роње, ки љон номидаанд.
Мард. Пас, роњи «нозиндагонї» чї маъно дорад?
Зардушт. Агар љондоре зинда бошад, вале ба бадї гаравидааст, зиндагонии бењудаву бесуд ва зиёнмандеро басар кунад, зинда њаст, вале зиндагонї надорад. Ин нуктаро бидонед, ки бас бузург аст.
Мард. Бале, ин нуктаи бас бузургест. Мебояд, ки аз ин роњи дужангња баргардем.
Мардуми бо роњи «Нозиндагонї» раванда пушаймон мешаванд, бархе аз он роњ бармегардад, вале ќисме роњро давом медињанд, аммо мебинад, ки он роњ ќатъ ёфтааст, чун мехоњанд баргарданд, мебинанд, роњ буридааст. Дар нимароњ сарсон мемонанд, фиѓон мекунанд, аммо садо надоранд, сураташон низ дар байни дуд ва торикї нопадид мешавад.
Зане монанд ба Љањї бо фиѓон ба Зардушт мурољиат мекунад. Љањї. Эй Зардушт, мо паёмбарони ту бошем ва касонеро, ки бадхоњони ту њастанд, бозбидорем. Вале моро рањо бикун.
Зардушт. Эй девон, эй фиребкорон, хоњ касе аз мардуми хона бошад, хоњ аз ободї ва хоњ аз Анљумани дўстии љањонї, њама ба оини ман барои хурсандии Худои Доно даст ба ниёиш њастанд. Аммо шумо, эй девони фиребкору касоне, ки шуморо басе мепарастанд, њама тухмаи каљандешї ва дурўѓи беарљї њастед. Фиребкорињои шумо шуморо дар љањони обод русво сохтаанд. Зеро Шумо коре кардаед, то мардум бадтарин корњоро анљом дињанд ва «Девдўст» хонда шаванд, аз Андешаи нек дурї љўянд ва аз хиради Худои Доно ва аз Ростї гурезон шаванд.
Љањї. Гуноњи мо чист, ки мо надонистем.
Зардушт. Омўзгори бади шумо бо бадомўзии худ зиндагонии шуморо табоњ мекунад. Замонест, ки барои ба даст овардани даромади муфт, кавиён, шоњзодагони фарзона, низ њуши худро ба њамин кор бастаанд ва аз ин роњ ба дурўѓкорон ёрї мекунанд. Онон мегўянд, ки љањонро бояд ба табоњї кашонд, зеро масти нўшобаи Њум, он дурдорандаи њуш, ононро барафрўхта ва бад-ин корњо барангехтааст.
Љањї. Пас, мо гуноњ надорем, моро наљот дењ.
Зардушт. Наљот барои онњоест, ки роњи некро баргузидаанд.
Мард. Моро наљот дењ!
Зардушт. На.
Љањї. Моро наљот бахш.
Зардушт. На.
Мардуми рањи «агаем» бо зорї пеши пойи Зардушт меафтанд, вале ў дур мешавад.
Мардуми рањи «гаем» ба Зардушт мурољиат мекунанд:
Занњо. Дасти моро бигир.
Зардушт ба онњо даст медињад ва пайравонашро аз роњи гаем ба майдони сарсабзу хуррам мерасонад.
Равандагони рањи гаем—љон зинда мемонанд, пеш меоянд ва таъзим мекунанд.
Марди роњи «Гаем». Эй Худои Доно, њангоме туро афзоянда шинохтам, ки туро нахуст, дар оѓози зиндагонї дидам, дарёфтам, ки ту барои гуфтору кирдор подош гузоштаї. Бад бад мебинаду нек подоши нек меёбад. Низ дарёфтам, ки аз њунари туст, ки ин дастур то поёни дигаргунии љањон њамчунон хоњад монд.
Њама. Эдун бод!
Мардумони роњи «Агаем» дар фиѓону зорї мемонанд, вале Зардушт ба онњо ањамият намедињад. Он гоњ Љањї ва Марди девпараст ба ў суханони нешдор мегўянд.
Чун ин лавња такрор шуд, зори мардуми роњи агаем бештар гашт. Тамошобинон бо њайрат ба худи Зардушт нигаристанд. Њоло маълум шуд, неши нињонсохтаи Бендва дар ин намоишнома чист.
Марди роњи агаем барошуфт ва њамаи дигар овозњоро пахш намуда, бо оњанги писханду гунањгоркунї ба Зардушт гуфт:
Мард. То замоне ки гумроњону табањкорон њастанд, љавру ситам ва зўроварї ва дигар бадхоњињову хомињо аз миён нахоњанд рафт. Аммо боз баргузиниши роњро ба худи мардум вомегузоранд, то худашон пас аз андешидан ва санљидан якеро баргузинанд. Ошкор аст, ки аз рўи оини ростї подоши некї некист ва саранљоми бадї бадист ва гумроњиву пушаймонист. Вале инро њам бояд донист, ки растагориву хушнудиро њама метавонад дошта бошад. Фаќат росткор онро ба осонї ба даст меоварад, вале дурўѓкор пас аз ранљу андўњ.
Зардушт. Ба донишмандоне, ки паёми поки маро пазируфта ва бо ман њамкор шудаанд ва дар густариши дин дар миёни мардуми донишхоњу донишљў таконе падид овардаанд, офарин мехонам ва бахшоиши худои доноро мехоњам.
Зани роњи «гаем». Туї ростгўйи илњомї  ва пешгўй.
Марди роњи «гаем». Офарин бар ту бод, ки моро рањо кардї ва душманони моро дар андўњу ноободї гузоштї.
Зардушт. Танњо паёми андешаангези покмардро бояд пазируфт. Вай афзорест, ки онро метавон бо комёбї дар баробари осебу озори дурўѓкорон истифода бурд ва пирўз шуд.
Марду занњои роњи «агаем» эътироз мекунанд:
Зан. Гуноњи мо чист? Фаќат он, ки дар баргузиниши роњ хато кардем?
Мард. Хатои мо он аст, ки омўзгори мо рањи нодурустро ба мо нишон дод? Ман аз худои худ мехоњам, ки аз роњи андешаи неку равшан маро огоњ созад.
Гаушурван ва Ростї ва Маниши нек ва Ањура Маздо дар тааљљуб пеш меоянд ва бо андўњ ба кори мардум ва Зардушти сањна менигаранд.
Љањї. Зардушт бо кўшишу талоши худ ба љое расида, ки дигар аз пешвоёни кеши куњану шањзодагони кишвар  намењаросад ва метавонад, ки љилави озорњои ононро бигирад. Вале чаро дасти моро намегирад?
Мард. Вале агар Аша Зардушт моро рањо накунад ва моро ба марг мањкум кунад, чи вахшурест? Ў вахшури худой аст фаќат барои шањону шањзодагон? Фаќат барои нисфи мардум?
Љањї. Агар вахшури нисфи мардум аст, эй худои доно, бар мо вахшури дигаре бифирист! 
Гаушурван ва Ростї ва Маниши нек ва Ањура Маздо ба Зардушти аслї, ки дар пањлуи Кайвиштосп нишастааст, бо тааљљуб менигаранд ва мепурсанд:
—Магар њамин буд ормони мо?
—Ин нисфи кор аст.
—Мардуми бечораро дар нимароњ гузоштан сањв аст.
Кайвиштосп, ки марди огоњ буд, ба Зардушт нигарист ва пешнњод кард:
—Ман медонистам, ки дар баѓали Бендва санге нињон аст. Ба инњо чизе баргўй.
—Нек бошад.
Аша Зардушт њар сари чанд муддат ниёишњои волоро зикр намуда, дар онњо маънии наве меёфт. Пас аз он, ки саросари кишварро гашт ва аксари мардумон ба кеши ў гаравиданд, бо чашми дил дид, ки бархе онро фаќат ба зоњир пазируфтаанд. Чаро? Ба чи хотир? Магар, ки маљбурї? Пас, барои чї?
Нимашаб, ки њама ба хоби ноз рафта буданд, Ў њама заруриёти диниро иљро кард, Мантраи варљовандро бархонд ва дар ин андеша аз худ пурсид, ки ормони нињої аз ин кеш чист? Ва Созмони љањони муѓон ба чї мерасонад?
Чун посе аз шаб гузашта, осмон кушода аз абру гарду чанг буд, аз осмон ба сўяш илњом омад ва ў худро дар мулке дид мунаввар, мунаќќаш, бо мардону занони зебо, доно, бо гуфтору рафтори хуш. Ва њама талоши онњо бар он буд, ки ба њамдигар некї кунанд ва ба хурсандї расонанд. Ва шодии ононе бештар буд, ки аз роњи бад ва кажињо ба роњи Ростї ва Дурустї гаравидаанд.
Њоло ин андешањоро дар чењраи мардумони ин шањри ормонї дарёфт.
Ва њоло њунармандон, эзадон, мардумон ва шоњ—њама ба Аша Зардушт менигаранд.
Бинобар он, Зардушт аз љой бархест ва пеш баромад. Гўиё андешањои дишабааш омодагї ба ин имтињони ѓайричашмдошт буд.
Ва дар сањна ду Зардушт падид омад. Њунарманде, ки наќши Зардуштро иљро мекард, дар тааљљуб монд, сухани худро фаромўш намуд ва љазабаву сиёсати Зардушти аслиро дида, беихтиёр узромез таъзим кард ва хомўш монд.
Аша Зардушт чун идомаи намоишнома ба сухан оѓоз кард ва њама чун њар як мантрадармонии дуруст мафтуни суханронии ў шуданд.
Зардушти аслї. Бар касе, ки роњи некиро бармегузинад аз неру ва некандешиву Ростї, тавоноии оромиши пойдор мерасад. Пас биёему аз касоне шавем, ки ин зиндагониро тоза мекунанд ва љањонро нав месозанд.
Љањї. Моро, девпарастони гумроњшударо рањи наљот њаст?
Зардушт. Деву девпарастї зодаи каљандешї, дурўѓу беарљист, аз Ростї ва Дурустї дур мебарад Дар ин бозор пешвоёни озманди кешї аз як сўй ва шоњзодагони фарзона, вале сангдил аз сўи дигар, мардумонро аз донишу њуш бебањра мекунанд ва ононро дар торикї нигоњ медоранд, озодиашонро гирифта, онњоро аз зиндагонии хушу хурраму љовидон дур мегардонанд. Аммо ин фиребкорон  чунин гумон кардаанд, ки барои њамеша савори аспи мурод хоњанд буд ва аз ин ноогоњ мебошанд, ки Худои Донову тавоно низ корњоро зери нигоњ дорад ва ў дастуре чун ростї дорад, ки гурез аз пайомаде баду сахт дар пас дорад ва рўзе фаро мерасад, ки њамин мардум ба пой бармехезанд ва ононро аз пой дармеоваранд.
Љањї. Худои Доно ба мо чї мефармояд? Моро ѓайри марг ва ноумедї илоље нест?
Зардушти аслї. Аша Зардушт комёб мешавад ва њама мардум, дурўѓкорони фиребандаро рањо карда, оини Худои вайро мепазиранд ва растгар мешаванд ва дар љањон Оромии рўзафзуне падид меояд, ки дар он њама рўй ба худои худ мекунанд ва ба ў ниёиш мебаранд ва ў низ ниёиши ононро мепазирад.  Худои Доно оќибат бар њама наљот мебахшад. Фаќат росткор онро ба осонї ба даст меоварад, вале дурўѓкор пас аз ранљу андўњ.
Њунармандон, ки ин гардиши корро гумон надоштанд, њамчун инсонњо шод шуданд ва на чун идомаи намоишнома, балки њамчун мардумон дастњои худро ба ў дароз карданд.
—Пас, моро рањо бикун.
Зардушт. Ошкор аст, ки аз рўи оини ростї подоши некї некист ва саранљоми бадї бадист ва гумроњиву пушаймонист. Вале инро њам бояд донист, ки растагориву хушнудиро њама метавонад дошта бошад. Ашу Зардушт кори худро барои Созмони љањони дўстї оѓоз менамояд ва даст ба поксозии љањон аз кажињо, костињо ва хомињои њар кадом аз ягонањои иљтимоъ мезанад.
Њама. Моро рањо бикун.
Зардушт. Бояд њама даст ба њам дода, љањонро њар рўз аз рўзи гузашта бењтар, бартару тозатар бисозанд, то љањону љањониён пеш рафта, ба Расоиву Љовидонї бирасанд. Бояд зану мард даст ба дасти њам дода, бо бадї биљангад ва онро аз миён бурда, љањоне падид оваранд, ки дар он мењру дўстї, оштиву оромиш , шодиву ромиш бошад.
Љањї (бо њавас гуфт). Пас, маро низ умеди наљот њаст?
Зардушт. Оре.
Мард. Пас, дасти моро бигир.
Љањї. Пас, маро наљот бахш!
Ва Аша Зардушт дасти онњо гирифт, ба Майдони сабзу хуррам овард. Ва гуфт:
Зардушт. Пас, бархонем њама ниёиши —Айирйама ишийу—созмони дўстии љањониро. Бишавад, ки барои мењрубонии мардону занони зардуштї, барои ёрї ва мењрбонї, ки аз маниши нек аст, Анљумани дўстии орзушуда падид ояд, то виљдони њар кас подоши шоистаи худро дарёбад. Хостам подоши ростист ва ин он орзуст, ки худои доно меписандад.
Айирйама ишийу— ниёишест барои устуворї, пойдорї, густариши њамбастагии љањонї.
Айирйама ишийу—ормону подоше, ки он чизе љуз зиндагонии хушу хуррам ва дарозу дерпо дар оини ростї ва дўстї нест.
Айирйама ишийу— хости худой аст, ки мардум бо њам дилбаста шуда ва якпорча гардида, дар ободонии љањон њамкори якдигар бошанд ва чун анљумане пайваста бимонанд.
Эдун бод!
Њама ин суханњоро такрор карданд.
Мард. Шарти асоси гарвидан ба дини ту чист?
Зардушт. Њамроњи ман ин суханњои некро бигўед ва иљро кунед:
Бо Панљ чиз пайвастам, аз Панљ чиз гусастам:
Бо Андешаи Нек пайвастам, аз андешаи бад гусастам.
Бо Гуфтори Нек пайвастам, аз гуфтори бад гусастам.
Бо Кирдори Нек пайвастам, аз кирдори бад гусастам.
Бо Фармонбардорї пайвастам, аз нофармонї гусастам.
Бо Аша пайвастам, аз Дуруљ гусастам.
Чунинам то рўзи Растохез, ки вопасин набард миёни ду Мену даргирад.
Њама—равандагони њарду роњ ин савгандро такрор карданд, шод шуданд ва баробар ниёиш карданд:
Ашем воњу: Ростї бењтарини некист, Хурсандї барои касест, ки ростиро барои бењтарин  ростї бихоњад. Хурсандї аз они ўст (худост), ки ба дигарон хурсандї мебахшад.
Њама. Йата ању ваирйа…
Њама, њам њунармандон, њам бинандагон аз шодї ва рўшноие, ки дар дилњо падид омад, ашки шодї рехтанд.
Ин намоишнома нишон дод, ки партавњои Худованд, ки ба ростї бунёдњои зиндагонї мебошанд, чи гуна андар кор њастанд ва чи гуна љањони зиндаи мардумон, љонварон ва гиёњон, ки рўй ба пешравї ва расої доранд, ба љое мерасанд, ки бояд оини наве бар сари кор ояду бунёди пешин дигаргун шавад. Ин намоишнома, ки бунёдаш дар Готњо њувайдост,  намоишест дар баробари љавру ситам, зўрварзї ва торољгарї ва талош аст барои баробариву озодї, пешрафту ободї. Ин дари навинест бар андешаи љањониён, ки дар он андешаи равшан бар зўри бозуву забони ширин бар теѓи тез бартарї меёбад ва ин рой ба мардум дода мешавад, ки касеро, ки барои рањбарї ва рањнамої мехоњанд, аз рўи хирад баргузинанд, ки њароина аз рўи ростиву дўстї сазовори он љойгоњ бошад.
Дар хотима ин намоишнома—ин санги баѓали Бендва ва дигар вазирони зоњирпараст бо амри эзадї ба намоиши дурустї ва ростї ва пирўзии дини бењї табдил гардид. Бендва ба маќсад нарасид, њаќулзањмати боќимондаро ба њунармандон надод, вале онон аз натиљаи нињоии намоиш шод гаштву аз ваъдахилофии Бендва заррае андўњгин нашуданд.
Бо фармони вижаи шоњаншоњ Бендва аз корњои динї ва додгустарии динї тамоман људо карда шуд. Пас аз ин намоиш ва шояд аз фармони вижаи шоњаншоњ бисёр амалдорони девпарастони кишвар аз ин роњу аз ин кеш баргаштанд.
Аша Зардушт ба ормони нињоии худ торафт наздик мешавад. Дарвоќеъ, мардумон ва сарварони чандин кишварњои ориёї низ тарафдори кеши нав шуданд.
Вале мухолифин њам буданд аз он љумла, дар Турон низ.

100. АРЉОСП НАЙРАНГ МЕКУНАД

Вале Арљосп аз чумлаи онњо набуд. Ў дар дини бењї фаќат шукўњи тозаи Кайвиштоспро медид ва шояд фанои шоњаншоњии худро ва ба иѓвои вазирони девпарасти худ афтода, њарчи тавоне дошт бар он кўшид, ки онро пешгирї кунад. Бо вуљуди ин, дини бењї дар саросари ќаламрави ў низ пайравони нав ба нав меёфт.
 Ќалъаи шоњ Арљосп. Вазирон Братрештор, Номхвост, дабирпат истодаанд.
Арљосп дигар тоќати интизорї надошт ва тартиби кори кори худро дигар кард. Њоло ў мегўяд ва дабирпат менависад.
— Дўствор бар ту нома навиштам, ки нишони дўстї ва хешии мост. Эй шоњ, шукр бифармой эзидро, ки ба ту ин љањон арзон доштааст. То замоне, ки љањони њастманд буд, оини зурвония љањонро ба пой дошт ва ниёгони мо бо њамин оин шод буданд. Ту ойини шоњони моро барандохтї, Кеши моро табоњ кардї. Туро шоњаншоњ ба валиањдї аз он баргузид, ки ройманду бодониш будї, беш аз каён обрўй доштї. Бузургиву шоњиву фархундагї, тавоноиву фарри эзидї туро бештар буд. Аммо ту худои љањонро сипос накардї ва аз љодуи як пири хирасар дини ниёгонро барњам задї. Хости дили ман ин аст: аз ойини ниёгони мо даст накаш, он бандњои зардуштї аз миён боз кун, рўй ба хуррамї нењ. Ба ту як-ду моњ фурсат дињам. Агар аз ин панднома сар бипечї, бо сипоњам сар ба сар кишваратро табоњ кунам, оби дарёро бо машк хушк кунам, дарахтонтон аз бех барканам, њама мардонтон асир баргирам, зану кўдаконтон банда кунам… 
Братрокрештур сар ба таъзим нињода, номаро гирифта бўсид.
Шоњ фармон дод:   
—Лашкарро омода кунед…
Њама ба њаракат даромаданд ва фармони шоњ дар чандин мавзеъ садо дод:
—Лашкарро омода кунед!
—Љанг!
—Љанг!
Вале чанде аз вазирони худхоњу нотандењи Аиряна њамоно дар пайи ѓаризаи шахси худ парвое аз кеши наву фикри дигар кишварњо надоштанд. Инак,  шоњаншоњ Кайвиштосп ва Љомосп саррўњонї Радро гўш мекунанд, ки дар як маросими Турон ширкат дошт ва њоло аз мењмонии Арљосп баргаштааст.
Шоњ аз ў дар бораи ќаламрави Арљосп маълумоти зиёд гирифтанист:
—Бигўй, шањрњошон зиёда аст?
Вале Рад мекўшад, ки дар њар љавоб дарди деринаи худро љой кунад:
—Зиёд ва дар њар шањр маъбадњои калон мављуданд.
—Рўњияи мардум чї тавр аст?
—Чандон хуб нест, вале бо ќурбонињои зиёд, ки ба номи худоњо дар маъбадњошон мекунанд, чунин ба назар мерасад, ки сарватмандтарин мардуми рўи заминанд.
—Шоњ дар сар чї андеша дорад?
—Аз эзадони худ миннатдор аст, ки паноњаш додааст. Фармудааст, ки чанд маъбади нави бузургтаре созанд.
—Моро аз  чї мебояд андеша кард? –пурсид Љомосп.
Бидахши бузург Љомосп аз он дилтанг шуд, ки ў ва шоњ  мехоњанд аз њоли мардум, рўњияи шоњи њамсоя огоњ гашта, ба љанг омода шаванд, ё маблаѓњои на чандон зиёди љамъшударо барои ободонї истифода баранд, аммо саррўњонї Рад ба њар бањона гапро сари масъалаи барояш дарднок мебарад.
—Андеша аз он мебояд, ки тамоми мардум бо шоњи худ ва бо эзадони худ як аст ва њарчанд, ки чанд сол инљониб хушксолист, тамоми сарвати худро ба маъбад бурда ба худоњошон ќурбон мекунанд, то ки эзадон онњоро ёвар шаванд.
—Ин ишора бар чист? Магар мардумони мо ба маъбадњо намераванд? Магар ањли Бохтар эзадпараст нестанд? Магар мардуми мо ќурбонї намекунанд?
—Мардум дўстдори эзад аст, аммо Аша Зардушт ќурбонии сегонаро манъ кардааст. Агар ќурбонињо аз нав барпо шаванд, мо тавонем дар кори харидани силоњ кўмак расонем. Њол он ки худи маъбадњои мо бе ќурбонии чањорпоён ва заур ва мийазд торафт хароб мешаванд. Ба мубадон ризќу рўзї намондааст. Мубадон барои мантрахонї бе њаума мушкилї мекашанд. Чорае бояд ёфт, ки даромадњои пешина барќарор шавад.
—Чора чист?—пурсид шоњ.
—Аз нав барќарор кардани ќурбонии чањорпоён барои заур, мийазд ва њаума.
—Бидахши доно чї фармояд?
—Барќарор кардани ин чизњо боиси ѓазаби эзадон ва Аша Зардушт гардад.
Рад илтиљо кард:
—Рањонандаи бузург, мо далелњо ёфтем, ки худи Худоњо барзагови аввалини офаридаи худро забњ карда буданд, асрњо ниёгони мо заур меоварданд, чањорпоёнро ќурбонї мекарданд, ки ба равони ниёгони мо пайванд шавад. Онро наметавон барњам зад.
—Боз масъалаи ќурбонї…
—Мо дар ќаламрави Арљосп марди пире дидем, ки чанде пеш аз ѓуломї озод шуда дороие надоштааст, вале барои шукри эзадон тамоми дороияшро ба як баррача иваз кардааст, як сол онро бо дасти худ парвариш намуда, барои ќурбонї омода карда, ба маъбад додааст ва танњо пас аз ин худро марди комил ва озод шумурдааст. Худованд ивази ќурбонї ба ў бахти комил дод: писараш ёфт шуда, пирро ба хонааш бурд. Вале Зардушт моро аз ин кор манъ кардааст.
—Охир, Аша Зардушт сабабе дорад, ки онро манъ кардааст?
—Зартушт аз дудмони фаќиронае буд, сарвату давлатро надидааст
—Вале хони мо фарох аст ва фаровон. Пас, ман рухсат медињам.
—Зињї, рањонандаи бузург.
Мадракоти бостонї шањодат медињанд, ки дар замони зиндагии Аша Зардушт низ бисёр талабњои ў дар бораи покизагии дин, ба аќлу хирад пазируфтани кеши бењини маздаясно ба њар бањона иљро намешуданд. Бинобар ин, худи ў аз ин ошуфта гашта буд. Наметавон ба њар маъбади њар шањру дењ посбон гузошт.
Вале он соатњо Аша Зардуштро мушкилоти дигар ба худ љалб мекард. Ў пайваста ба њаракати ситорањо нигариста, китобатро давом медод, љустуљўи асрори азалро идома медод. Бисёр чизњои нав, аз он љумла, љанги беихтиёр сарзадаистодаи бародарони њамхуну њамзабон, барояш дањшатангез буданд.
Лашкаргоњи Арљосп. Братрокрештур, ки дар байни вазирони дигар њарчи бештар соњиби ному обрў шудан мехост, ба њар кори барояш мувофиќу номувофиќ даст мезад. Чун дид, ки Арљосп ихтиёри лашкарро ба дасти хешони хунии худ додан намехоњад, ба њар восита шоњро бовар кунонд, ки хидмати саррўњонї ба лашкариён тобу тавони вижа медињад. Ва ин талоши ў барњадар нарафт. Арљосп ўро нозири хосаи лашкар таъин кард ва њоло Братреши мо лашкарро ба љанг омода мекунад.
Сарони лашкар ва шоњ дар соњили рўди Вахва Даитйа љой гирифтаанд.
Дар хаймаи зебои шоњона дар канори рўд Шоњи Тўрон Арљосп бо сарвари ќавмњои кўчї Норашнї ва сарвари девони Кахвареда Маидийар мулоќот мекунад.
Арљосп мекўшад, ки ѓазаби њамкоронро нисбат ба бохтариён зиёдтар кунад.
 —Ин беадолатист, ки шоњи Бохтар ба њама чарогоњњои хуб, заминњои серњосил, боѓу роѓи пурганљ соњиб шудааст, лољуварди вай пурќимат аст ва харидори зиёд дорад, Рўди Вахва Даитйа маркази дину зиёратгоњњо шудааст, вале ризќу рўзии мо торафт кам мешавад. Агар боз хушксолї идома кунад, мо ногузир њалок шавем. Мо бояд њамроњ ба Виштосп зарба занем.
Норашнї зуд ба ин иѓво дода нашуд:
—Вале ў ба мо имкон дод, ки дењоти сустбунёди биёбонњоро назди љўйњои нав ва рўдњо биёрем, то аз обњои фаровон истифода барем.
—Ин њам як њилаи љангї буд,—эътироз кард Арљосп.—Ў тавонист, ки моро фиреб дода, бисёр мардумонро дар марзи вай наздик љой дињем, то ки аз оби худодод бањра бардоранд ва муттањами ў шаванд. Дар навбати дувум, агар дар љанг њолаш  танг шавад, ў обро мањкам мекунад ва мардуми мо зидди худи мо мешўранд. Ин тарафи масъаларо наандешида будї?
—На…
Маидийар пайваста шароб менўшад. Чунин ба назар мерасад, ки ба ў чизе лозим нест. Ў мехоњад њарчи зудтар сањми худ ва њаќии худро бифањмад.
—Хўш, њадяи мо чї мешавад?
—Ин љанги оддї нест, шарњ дод Арпљосп.—Мо барои њаёту мамот мељангем. Агар ѓолиб омадем, њамаи моро ганљи фаровон ба даст ояд, вале ин ѓалаба хеле мушкил хоњад буд. Пешакї гуфтани миќдори муайяне мушкил аст.
—Фањмо. Ман дар чунин њол чизе гуфта наметавонам.
—Ба девони Кахвареда ман кафолат медињам, онњо хафа намемонанд, хатои худро фањмида зуд ваъдаи номуайяне дод Арљосп.
—Хуб… —Ризоияти Маидийар низ номуайян садо дод.
Норашнї то њол девондеви Кахваредаро чашми дидан надошт, бино бар ин аз ин чоплусии девзодагон ва тамаллуќкории Арљосп бештар асабонї шуда, гапро ба тарафи дигар бурд:
—Барои баќои њаёти ќавм мо бояд чунин кунем… Вале бо чї бањона созишномаро бишканем?
—Бањона кеши нави Зардушт аст. 
—Нек бошад.
—Наќшаи љанг чунин мешавад…
Маслињат дароз шуд. Тоќати Маидийар тоќ шуда гуфт:
—Њарду сари як масъала як гапро мегўед, вале њамдигарро намефањмед. Бењтар он аст, ки ба њарфи ман гўш дињед: њуљумро ту оѓоз мекунї, Арљосп. Норашнї аз ќафо зарба мезанад. Ин лањза њама сипоњиёни ќалъа бар зидди ў мераванд. Дар ин байн девњои ман зуд биёбонро гузашта, гўё аз зери замин пайдо шуда, деворро сўрох карда, ба ќалъа ворид мешаванд ва пирўзии комили њамаи моро таъмин менамоянд.
—Ин аљиб аст, —гуфт Норашнї ва бори аввал бо таваљљўњ ва самимият ўро ситоиш кард. —Ба кордонии љангии ту ќоилам.
—Љанг кори девон аст.
—Гирдогирди ќалъа љўйи пуроб аст, —таъкид кард Арљосп.
—Барои девзодагони ман об садди гарон нест.
 Арљосп андешамандона гуфт:
—Агар мо теппањои болотари обро ноаён ишѓол кунем, ихтиёри об њам дар дасти мо мешавад.
—Он гоњ гоњ бозии аљибе оѓоз меёбад.
Њама сари наќшаи љангї, ки рўи рег кашидаанд, хам мешаванд.

                101. ЗАРЕМАЙА—АСИРИ ХОНАГЇ

Чањорбоѓи Заремайа. Ў чун асири хонагї дилсард аз њама кори гетї дар кори худ дармондааст. Вале эътиќод ба кеши зардуштї ба дилаш рўшної мебахшад. Аз ин љост, ки дар як гўшаи чањорбоѓ оташкадаву мењроб сохта ниёиш мекунад.
Ниёишро анљом дода, ба гулистони рангину хуррам даромад ва шукри эзад кард. Аммо дар дилаш ѓаме хона гузошта буд, ки оташи њиљрон номида мешавад. Нохост садои аљибе диќќати ўро љалб намуд. Баргашта дид, ки ба танаи дарахти бузурги кунљи чањорбоѓ тири камон омада расидааст. Шодон давид ва тирро аз дарахт кашида гирифт. Ин нишонаи ёри дерпайдо буд. Њамоно либоси љангии мардона ба бар кард. Бори дигар њалќаи дарро кашид,  дар руст буд. Шодон давид ба гўшаи дигари чањорбоѓ, сабук љањид ва аз болои девор љањида гузашт ба сўи љангали соњили рўд.
Соњиби он тири камон шањзода Зарир буд, дасти ў чун Ораши таърихї пурзўр буда тири паррондааш ба масофаи хеле дур мерафт. Ў оташкадаро сўхта дид, аз чанде нињонї пурсида, фањмид, ки духтари дўстдораш дар банд аст. Ва ин роњи деринаи санљидашударо истифода кард. Агар зинда аст, бо дидани тир ба мулоќотгоњ хоњад омад.
Вале маќсади  аслии омадани Зарир ба ќаламрави Арљосп танњо васлу ёди ёри мењрубон набуд. Ў мехост аз њоли љангии њаместорон бохабар шавад. Шоњ аз ў инро хоњиш карда буд. Аљибтарин чизе, ки аввал дар ин мулк дид, њамон буд, ки љавшанњо ва кулањхўдњо ва аробањои љангии тезњаракати бохтарї дар хидмати лашкариёни Арљосп буданд. Азбаски бештарини конњои маъдан дар дили кўњњои њудуди Бохтари бостонї љой доштанд, маъданковию оњангудозию кори размафзорсозї бештар дар Бохтар ављ дошт. Ватани аспњои бењтарини паррон ва  аробањои дучархаи тезрав њам Бохтари бостонї буда, сарону мардумони кишвари њамсоя онњоро бо нархи гарон мехариданд. Аммо чанд муддат инљониб тиљорати ин чизњо манъ шуда, касе расман аз Бохтар ин ашёњоро наоварда буд. Пас, ин њама аз куљо ба дасти раќибон афтодааст? Оќибати ин барои Бохтар кори сода нахоњад буд.
Вазифаи дигари ў  дидани роњњо ва муайян кардани мавќеъњои љангии шањру дењот буд. Зарир дарёфт, ки Арљоспиён ба љанг тайёрии сахт мебинанд. Бинобар ин, то омадани Заремайаи аз дидори ў хушбахт, аз ин андешањои ѓализ ношод гардид.
Дар гулбоѓи соњили рўд ба њам вохўрданд. Заремайя чун булбули шўрида шодон ва ба њасрат пайваста сухан мегуфту Зарир бо андешањои љангу хиёнатњо банд буд.
—Боз як бањор гузашт аз он рўзе ки дар ин љо ба дидори њамдигар расида будем; боз як бор замин гулпўш шуд аз он соате, ки мувофиќи оини ниёгон љоми шаробро ба ту додам; боз як бори дигар паррандагон чўља бароварданд аз он лањзае, ки бо њам ањди муњаббат бастем; боз як сол гузашт аз  он бањори муњаббат, ки…
—Аммо ин бањор оњанги дигар дорад,— сухани ўро бурид Зарир.
Заремайа њоло ба худ омад.
—Аз омади ин бањор оњанги хазони ишќро мешунавам… Сабаб чист? Магар он савганд дурўѓин буд?
—На. Ту ба ман шароби ноб додї ва савганди муњаббати мо љовидона буд. Аммо Арљосп љанг мехоњад.
—Падари ман? Чаро?
—Ту инро бењтар донї.
—Бањонаи љанг фаќат як чиз аст: кеши нав.
—Бале…
—Аммо кеши Зардушт ба ман писанд аст ва мењри ту дар дилам ногустурданї.
—Ба фикрам, мо дигар наметавонем њамдигарро бубинем.
—Чаро? Гузаштан аз оби љўй ба ту мушкил аст?
—Маро дигар нагузоранд, ки марзбони Бохтарам.
Заремайа комилан ба худ омад.
—Ту сарбозї…
—Бале.
Ў фољиаро ба хубї дарк мекард, вале њељ ќабул карда наметавонист:
—Ва ту ба набардгоњ мебарої?
—Ин вазифаи аввалиндараљаи ман аст.
—Ман Ањура Маздоро ниёиш мекунам, ки љони туро амон дорад.
—Анўша бошї.
—Аммо аз ту илтиљо мекунам, ба номи худованди љону хирад савганд бихўр, ки њар гањ дар майдони љанг бо падар, бародар ва пайвандони ман рўбарў омадї, аз куштори онон даст кашї ва шафќат кунї.
Зарир табассуми бадард кард:
—Он майдони љанг аст, на гулшвни гулрухони хубгўй. Агар дар корзор ман заррае диранг кунам, њамон лањза маро бикушанд.
—Охир, мо њама пайвандонем. Бародари ту Кайвиштосп духтари хонадони Нўзарро ба занї гирифт, ки бо мо хешованд аст, вазирони мулки шумо ба мо њадяњо меоваранд. Ана, чанде пеш як вазири шумо, номаш Бендва, сад аробаи љангї овард ва љавшанњо тўњфа кард.
—Бендва? Ту хато намекунї?
—На.
—Чї овард?
—Аробањои љангї, љавшан, тиру камон.
—Анўша будї. Ту муаммои мушкили моро кушодї.
—Чї муаммоест?
—Ин дигар чандон муњим нест.
Зарир аз ин хабари Заремайа бештар андўњгин гашта, аз дил гузаронд, ки оќибат сарриштаи чигил ёфт шуд. Ў дар дил ба худ гуфт:
—Дар њайрати он будам, ки љангафзорњои мо чи тавр ба ин љо расидааст. Бендва пас аз он, ки бо фурўши об, маъданњо, лољувард ва дигар бедодгарињо дар вилоятдорї бадном шуд, аз вазифаи њокими вилоят сабукдўш гардид, аз мењрубонии шоњ солори љангафзор шуд. Њоло маълум гардид, ки ин љо ў хиёнати бештаре кардааст. Деви куњрит ва касвиш он ќадар ба ў асар кардааст, ки оќибат рањи хиёнатро пеш гирифтааст.
—Хуб, ту аммо савганд бихўр,—илтиљо кард Заремайа бехабар аз андешањои дўстдоштааш.
Ва оќибат, Зарир розї шуд:
—Савганд ба номи яздон, ки дар майдони љанг низ пеш аз њама барои љонпайванд шудани бародарони њамхун талош хоњам кард.
Садои суми аспони зиёд.
Заремайа хавотир шуд:
—Ман пинњонї омадам. Садои суми аспи лашкар.
—Ман бо ту аз њазор душманам боке надорам. Вале  нахоњам, ки муњаббати мо бањонаи љанг шавад.
Зарир ба асп савор шуд ва аз дарё гузашт.
Сарбозони расида Зарирро дида, хомўшона ба ў роњ доданд.

102. ЃАЗАБИ ВИШТОСП

Хабари дода шудани размафзорњо барои Кайвиштосп он ќадар ногањонї буд, ки чанд рўз ба худ наомад. Њељ бовар кардан намехост.
Дар танњої ва аввал бо мењрубонї аз худи Бендва њол пурсид. Ва албатта, Бендва аз кинояњои нахустин аз маќсади шоњ пай бурда савганд хўрд:
—Ай наљотбахши бузург, ай дўсти дерин, ба њаќќи худой маро беш аз ин маёзор, ки душманонам дар саросари мулк зиёданд. Њарчи дар лашкар имрўз њаст, мањз ба шарофати ман нигоњ дошта шуд. Вагарна њоло чизе боќї намонда буд.
—Магар ин кор пештар њам буд?
—Мадракоте дар даст надорам, вале гўянд, ки чандин сол аст ин хиёнатњо идома доранд.
—Кистанд он хиёнатпешагон?
—Далеле надорам, вале гумон мекунам, ки яке аз онон вазири молия Андарвой аст: ё ў низ ба ин кори нохуб бевосита даст дорад ва ё мањз бо талабу саъйи ў ин кор сурат мегирад.
Дарвоќеъ, ягона касе, ки садди роњи ў шуд, њамон вазир Андавой буд, аммо ё аз сиёсат ва дўсти наздик будани Бендва бо шоњ андешид, ё порае зар ўро мулоим кард, ё аз ишќи љононааш ба гаронии ин кор сарфањм нарафт, ки лаб фурў баст ва ин сирро аз шоњ пинњон дошт. Вале њоло, ки нўги ришта ба дасти шоњ афтод, Бендва хост бо як тир ду нишон занад: сояи гуноњро бар Андарвой партофта ўро лаби љар орад ва якбора аз ў халос шуда, ба кулли неъматњои хони бузурги мењан соњиб гардад.
Кайвиштосп аз бидахш Љомосп талаб кард, ки њамаро санљад ва ба њисоб гирад. Љомосп мўйро аз хамир људо карда, асли њолро ба шоњ хабар дод ва таъкид кард:
—Аз чунин хиёнатњои вазирон Аша Зардушт моро огоњ карда буд.
Шоњ тахмину пешбинињои Аша Зардуштро ба ёд оварда хиљил шуд.
—Афсўс, ки ба гуфтањои ў ањамият надодам. Аммо њоло бо Бендва чї кор кунем? Бендва бо ин рафтор кайњост, ки маргарзон шудааст. Аммо….
Шоњ лањзае хомўш монд.  Љомосп фикри ўро зуд фањмид:
—Аммо шоњаншоњ назди ў савганд хўрдаанд, ки њаргиз љазои сахте надињанд.
—Бале.
—Пас, њукм њукми шумост.
—Дили Бендва ба мо бад нест, аммо нафси нобафармонаш ўро ба деви озу хашм мубаддал кардааст. Агар љазое дињем, ќавли худ шикаста бошем. Вале њоло, ки сирри ў ошкор шуд, наметавонем ўро дар ин љо нигоњ дорем. Душманони азим дар набардгоњ ва душмани нињонї дар аќибгоњ барои мо гарон аст. Чора чист?
—Бендва пањлавон аст ва пањлавононро дар рўзи љанг ба набардгоњ фаро хонанд. Бигузор дар ќатори сипоњ љой гирад. Он љо аз макру хиёнати ў эмин бимонем.
—Бале. Маслињат чунин аст.
Боз як бор гуноњи дўсти собиќ бахшида шуд.
Боз як хиёнат ба иллати дўстии собиќ бахшида шуд.
Боз як рахна дар боварии мардум,
боз як зарба ба давлатдории Бохтар,
боз як зарбаи њалоњил ба сарнавишти мардуми ориёї зада шуд.   
Аз ин хабар аввал Бендва дар њайрат афтод, вале баъдтар худро хушбахттарин одам эњсос кард. Охир, пас аз чунин гуноњи бузург љазое нагирифта, байни сипоњ бо сари баланд гашта, саломат гашта, аз њисоби хазинаи давлат пўшидану хўрдан бењтарин неъмати илоњї буд…

103. ВОЙИ АНДАРВОЙ

Андарвой чанд муддат дар назди Виштосп хидмат мекард ва бар ивази корњои некаш ба боварии шоњ даромад ва Кайвиштосп барои тиљорат ўро масъул карда буд. Ин њамон Андарвойе буд, ки аз конњои лаълу лољуварди кўњистони Бадахшон ба шоњ хабар дод, њамон Андарвойе, ки дар кушудани конњои тиллои Шугнов ва миёнаоби Вахва Даитйа ширкат намуд. Тавассути доної,  кордонию корчаллонии ў хазинаи шоњ торафт ѓанитар мегашт. Ин њамон Андарвойе буд, ки дар шимоли Бохтар, аз он љониби рўд дўшизаи зебои таронасаро Менуро ба шоњ таќдим кард ва боиси муњаббати шадиду аљиби шоњ гардид. Аз њар љињат одами бовариноки шоњ буд.  Бинобар ин, барои бехатарии ў шоњ маншуре дод, ки њама роњ ва дарњоро ба рўяш боз мекард.
Ана њамин Андарвой фориѓбол шуда, чун сарвати бе дарди миён ба даст овард, ѓайри машѓул шудан бо занњои зиёди рўса-пї шуѓли дигаре наёфт. Ва дар натиљаи ин њамнишинињо бо баднињодон оќибат фарќи кисаи худро аз хазинаи  мулк фаро-мўш кард, оњиста-оњиста, аввал камтар, баъд зиёдтар хазинаро ѓорат кардан гирифт. Ба умеди он, ки дертар аз тиљорати лољу-вард фоидаи зиёд гирифта маблаѓњои хазинаро бармегардонад, баргардонидани маблаѓи нињонї гирифтаашро ба рўзи дигар, њафтаи дигар монд, вале азбаски моње гузашту шоњ суроѓ на-кард ва хазинабон бо чанд дирњам дањони худро баст, баргар-донидани маблаѓи хазинаро ба охири  моњи нав, баъд ба нимаи дувуми сол, сипас ба охири сол ва боз дертар ба охири солњои дигар ќафо партофтан гирифт. Агар боз соле мегузашт, шояд њама фаромўш мекарданд. Вале омодагї ба љанги Арљосп оѓоз гардид ва шоњ ба ў супориш дод, ки артишро бо силоњњои нав пурра кунад. Бо њамин бањо-на чанд силоњи кўњнаву фарсударо бо нархи арзон харид, вале нархашро чанд баробар зиёд нишон дод. Касе эрод нагирифт. Њама дар фикри майишати худ буданд. Аммо ин ба тамоми дарди ў даво нашуд, зеро ки буду шуд чањоряки ќарзи ўро пўшонд.
Чун Љомосп аз ин огоњ шуд ва хабарро ба шоњ расонд, Андарвой савганд хўрд, ки он дирамњо дар тиљорат масраф шуда, баробари бозгашти корвон барќарор хоњад гашт. Аз ягон корвон нишоне набуд, вале бо ин бањона фурсате барои худ ёфт. Ба чї умед мекард, касе намедонад. Вале дар кунљи дил тавалло дошт, ки дили сарони Кахвареда ба ў гарм бимонад. Аллакай як бор дар тангии кор бо маслињати дўстии кордонаш ба Девони Кахвареда мурољиат карда буд ва онњо ўро наљот бахшида, маблаѓи зиёде ќарз дода буданд.
Бале, солњои охир Майидийар њамин роњро пеш гирифта буд: азбаски дар тохтутозњо дирњаму зари зиёд дуздида ба дењааш меовард, ва азбаски бо он пулњо чизи зиёде харида захира кардан имкон надошт, ќарор дод, ки онро ба  корафтодагон ќарз дињад, то ки бо фоидаи бештар баргардонанд. Дигар тиллои вай тиллои нав кор мекард ва аз зањмати зиёд халос гашта, имкон пайдо кард, ки силоњњои бењтаринро ба даст оварад, саркашонро бо зар харад,  дили одамони ба худ даркорро бо зар ба даст оварад. Аз ин њисоб хеле сарватманд шуда, лашкари љаррори неруманде барпо кард. Агар касе аз сарони кишвар ќасде дошт, ба Девони Кахвареда мурољиат мекард ва онњо рўзи он шоњро ба шаби тор мубаддал мекарданд. Ва њама шањон аз шунидани номи Девони Кахвареда ба ларза меомаданд.
Ин дафъа њам Андарвой бо умед назди онњо рафт. Њар каси дигар аз ин ќарзи гарон андеша мекард, вале Майидийар гўё њамин лањзаро интизор буд, ки бе диранг  дањ халта дирам ва чањор халтаи дигар симу зар бароварда ба ў дод ва дањ муњофизи яккачини худро барои ў људо кард.
Андарвой ба пояш афтод:
—Сипосгузорам, бародар…
—Њољат бар сипоси зиёд нест. Имрўз ман ба ту ќарз медињам, фардо ту ба ман. Бењтар он аст, ки ба шарафи дидори дўст базм биёроем.
Зиёфат орост ва гўё гап сари чањор харе мерафта бошад, аќаллан њарфе аз ин савдо назад. Њарду шароб нўшиданд ва базлагўї карданд. Сипас навбат ба занњои рўсапї расид. Хеле дилхушї карданд. Зани рўсапї, бо маслињати пешакии Майидийар  ба гардани Андарвой кашола шуда гирист ва гуфт:
—Маро бо худ бибар.
—Чаро?—Ба њайрат омад Андарвой.
—То њол марде баробари ту надидаам. Њар љо, ки равї, њамроњи ту бошам.
—Хуб… Аз ин балои ба сарам омада халос шавам, туро бо худ мебарам.
Андарвой аз ин болид ва ба зани воќеан њам зебо ваъда дод.
Танњо ин дам Майидийар гўё бе ягон майл, њамчун як гапи саридастї сабаби ин такопўйи дўсташро пурсид.
—Ин ќисса дурудароз аст.
Ва ў ќиссаи ќарздор шудану аз шоњ фурсат пурсиданаш ва њоли пешазљангии мулкро њикоят кард.
Пас аз фањмидани асли њол Майидийар гуфт:
—Ин љанг маълум нест, ки бо чї анљом ёбад. Ту марди ќиматї, нашояд, ки байни ду шоњи бехирад дармонї ва озор бинї. Маслињат он мебинам, ки ба шањри мо ої ва боќии умр ба ширинї бигзаронї. Дар ин љо ба ќадри ту хоњанд расид.
Ин гап ба Андарвой форид, вале хидматњои бешуморашро назди Кайвиштосп ёд оварда,  ашк дар дидањояш чарх зад.
Майидийар ба «њуљум» гузашта, маслињати дигаре дод:
—Чун шоњи беандеша ба ту зулм кард, ту њам ба ў сабаќе дењ.
—Чї сабаќе?
—Хидмати ўро тарк бигў, вале чунон, ки ў наѓз эњсос бикунад.
—Чи тавр?
—Ин зару зеварро бубар, дар хонаи худ  пинњон бикун, ба љои он мису заргунаро ба хазинабон дењ, кисае зар ба дасташ дењ, ки сирри мардон пўшида дорад. Сипас ман ба сад одами наздикам биравем ва хазинаи шоњро бигирем ва ин љой оварем. Ман марди набардам, ба сарњисоби молу сарват наравам. Ба ман чун ту хазинабоне зарур аст. Он њама моли ту шавад.
Андарвой шояд умре дар орзуи уфтодан ба чунин жарфнойи бадињо буд, ки гардани Майидийорро оѓуш карда, ашк рехт ва нафасаш тангї карда, канда-канда гуфт:
—Ббба љои бародари ман бошї…На, ба љои падарам бошї… На-на, бародару падар худ чист? Ту љои худовандхудои ман бошї! Маро ба бандагї ќабул бикун. Њарчи фармої, ба љон иљро кунам! Љон пурсї, љон дињам.
—Ин бонуро ором бикун,— боз ба њазл гузашт Майидийар ва зани рўсапии урёнро ба оѓўши Андарвойи гирён тела дод…
   
104. НОЛАИ  ЗАВИ ПАЊЛАВОН

Имсол аз аввал боду њаво мувофиќ омад. Зави пањлавон њар сањар гандуми навдамидаро дида, кўдаквор шодї мекард, бо кафи даст майсаи гандумро сабук  молиш дода, илтиљо менамуд:
—Зудтар калон шаведу бародаратон Завро аз деви гуруснагї халос кунед.
 Вале он рўз дид, ки аз масофаи на чандон дур дар биёбон чангу хоки замин чу абри сиёње ба њаво мехезад ва ин абри равон торафт наздик мешавад. Вай санги пои одамон ва аспи лашкар буд. Аз омадани фављ-фављи одамон ба дили ў ѓам афтод.
—Кош аз болои гандумзори ман нагузаранд, –илтиљо кард ў ба осмон.
Вале роњ на чандон кушод буд, ки лашкар тавонад бе пахш кардани майсазори Зав бигзарад.
Бале, Лашкари Арљосп аз заминњои дење гузашт, ки чанд сол пеш ба он љо об омада ва њоло кишти гандум майса зада буд. Пас аз гузаштани артиш њама сабазањои гандум поймол шуд.
Нолишу мунољоти Зав ба осмон хест, дашноми Вайукерета ба он њамроњ гашт.
Зан ба њама чиз Завро гунањгор кард:
—Туї, ки мусибатзада њастї, танбалї, аз бетаваљљўњии туст, ки эзадон њам ба туву киштзорат бетаваљљўњанд.
—Охир аз дасти ман чї меояд?
—Пеши лашкарро бигир! Њамин корро натавонї, чї мардї?
—Охир, вай лашкар аст.
—Магар худи ту лашкарї нестї? Пас, ман киштзорамонро нигањбонї кунам…
Роњи дигар набуд. Зави пањлавон ба зављаи кўтоњќомати сергапаш таслим шуд. Вале ин њоло кам буд. Тањдидњои зан ранги дигар гирифтанд:
—Як соли дигар аз ман ѓизо талаб накун.
—Дигар чї кунам? Њисоб бикун, ки аллакай мурдаи яксолаам.
—Бирав, гандумро об дењ. Шунидам, ки об дињї, аз нав неш мезанад.
Зав ба сари љўй рафт. Аз чї бошад, бисёр касон манзилу макони худро тарк мекарданд.
—Инљо майдони љанг мешавад,—мегуфтанд онњо. —Њарду лашкар дар майдони љангали сафед вомехўранд.
Њоло Завро на хуши шунидани ин овозањо буд, на парвои љанг. Њоло бояд об мебурд ва шом аз зављааш шикамсерї ѓизо мегирифт. Солњо мегузаштанду ин мушкилоти ў њалли худро намеёфт. Вале ба сари љўй расида онро тамоман камоб дид. Зиёда аз он, об ба дараљае лой ва ифлосу бадбўй буд, ки онро об номидан низ намешуд.
Кишоварзи дигаре, ки низ гандумаш зери пойи лашкар монда буд, ба ў фањмонд:
—То рўзи дигар аз ин љониб лашкари Бохтар гузашта ба набардгоњ меояд. Њоло, ки онњо аз саргањи рўд гузаштаанд, оби шаффофи он зери суми аспонашон монда, лой шудааст. Азбаски лашкару аспњо аз ин љўй менўшанд, оби рўди бечора хеле кам шудааст.
—Пас лашкар он ќадар зиёд аст, ки оби як љўйи калонро дам мекашад?
—Афсўс, ки чунин аст. Љанг мешавад, љанги калон мешавад.
—Пас, кишоварзї имсол маъно надорад?
—На. Ягон чиз маъно надорад. Охир, љанг мешавад, мефањмї?
—Мо ќавми аирйанаро ба як задан маѓлуб мекунем.
—Аз чї ин ќадар дилпурї?
—Писари њамсоя аз он љониб фирор карда омад. Мегўяд, ки бо сабаби чанд муддат љангњои калон набудан сарони лашкар бепарво шуданд, аспњошон пиру хастаанд, баъзе лашкариён камон доранду тир не, баъзењо тир доранду камон не. Ва то ин њамаро дубора гирд оварданду ба роњ баромаданд, фурсати зиёде гузашт. Чунин лашкар бо вуљуди сершумор будан ба кор наояд…
Мувофиќи гуфтаи њолдонњо, лашкари Виштосп панљоњ рўз ба майдони љанг њаракат кард ва дарвоќеъ, оби рўдњои на чандон бузург чандин рўз лой омад. Вале мавќеи љуѓрофиии љангу пойтахтњо нишон медињад, ки ин њудуд чандон бузург набуд ва њољат ба сафари панљоњрўза надошт. Вале бо назардошти он, ки ровиён њамаро аз будаш зиёд нишон дода, воњима карданро дўст медоштанд ва ба он сабаб, ки лашкар омода набуд ва сипоњро аз нав љамъ мекарданд, шояд дар асл кам бошад њам, вале 10—15 рўз давом ёфтааст. Зеро ки то лашкару љангафзорњоро дубора сар- сари роњ дуруст карда ба роњ баромаданд, ки фурсати зиёде гузашт. Шояд њамин њолат буд, ки љамъшавии лашкар тўл кашид ва дар љанги аввал  Арљосп ва иттифоќчиёни ў ѓалабаи пурра ба даст оварданд.
Ба њар оин, Зав ноумед ба хона баргашт. Аммо дар хона боз як хабари дигар ўро интизор буд.
Зављааш мисли булбул бо хурсандї ба сухан даромада гуфт:
—Шунидї, барои онњое, ки дар љанг ширкат мекунанд, аз љойњои обод замину љой медињанд, маош медињанд, озуќа медињанд.
—Хайр, чї?
—Ту њам ба ќатори онњо даро,—бо дили пур маслињат дод Вайукерета.
—Ту њуш дорї? Ман љанговар нестам…
—Танбалї накун.
—Ман пир шудаам.
—Њоло баќувватї. Инро ман тасдиќ мекунам!
—Ман гунљишкеро озор надодаам.
—Аммо он рўз ту бар зидди Девони Кахвареда љангидї.
—Онњо охир девон буданд, инњо мардумиянд.
—Фарќ надорад. Муњимтар аз њама, шикаматро сер мекунанд.
—Инаш росту … Не, намешавад. Одам куштан бароям бегона аст.
—Пас, имшаб њам гурусна хоб мекунї.
—Фаќат њамин суханро нагўй.
—Э, нахоњї, худам мераваму мељангам. Як гурўњи хос будааст—варљовандон. Агар ба сафи онњо дарої, аз њама зиёд мењрубонї мебинї.
—Ман њам варљованд мешавам. Фаќат ѓизо биёр, ки мурдам…
Он шаб борон борид.
Субњ Зав дид, ки гандум аз нав ќад кашидан дорад. Шодї карда ба зављааш гуфт:
—Гандум дубора неш зададааст: гандум, ки дубора неш зад, њосил хуб мешавад; њосил, ки хуб шуд, ба љанг рафтани ман чї зарурат дорад?
Вале бо ин аламњои зављаашро боз њам зиёдтар кард.
—Кош рўзї медоштам, ки ба дасти ту буќќа намезадам. Аќаллдан орзу кардан бо ту барин шў нафрат кардан ба орзуњост…
Зав гўшњояшро бо дастонаш пачаќ карда ќасам хурд:
—Мањз барои он, ки аз љанљолњои доимии ту халос шавам, ба љанг меравам. Он гоњ маро ёд карда хоњї гирист. Ман љанговар мешавам, албатта, варљованд мешавам!
Рўзи дигар боз як фављи калони лашкар аз он мањал гузашт. Ин дафъа гандумзорро пахш накарданд. Зеро ки сафаш чандон зиёд набуд ва онњо хеле љиддиву покизакор буданд. Сарбозонашро варљовандон меномиданд. Зав њамроњи онњо рафт. 
Аввал сипањсолор ба њоли ў нигариста ханда кард. Сипас љиддияти корро фањмида, маслињат дод, ки њамчун пањлавон ба лашкар равад. Аммо Зав ба ў зўр зада фањмонд, ки маќсади ў асло љанг нест. Фаќат ба гурўњи варљовандон имтиёз њаст, замину манзил ва ѓизои фаровон медињанд. Сипањсолор сар љунбонд, вале азбаски ба ў чунин мардони тануманд зарур буданд, оќибат розї шуд. Њамоно ба Зав љавшан, кулоњ, камону каманду шамшеру акинак доданд. Љангафзорњо дар дасти ў мисли чўбаке, бозичае буданд. Лашкариён аз дидани њолу суханњои ў ва самимияти соддалавњонааш хушњол мешуданд.
Сипањсолор, ки њама буду набуди худро бохта буд, дар тањи дил афсўс мехўрд, ки як марди табиатан некдил ба як асбоби мудњиши љангу одамкушї мубаддал мегардад.
Вале ин ѓам чандон ѓаме нест нисбат ба он ѓаме, ки дертар омад.

105. ПЕШГЎИИ ЉОМОСП

Тахти Бохтар. Сарони кишвар гирд омадаанд.
Кайвиштосп ба бидахш Љомосп гуфт:
—Бидахши њушманд, Љомосп, Медонам, ки ту хирадмандтарин аз хирадмандону донандатарин аз донандагони њолњо мебошї. Агар дањ рўз борон борад, ту медонї, ки чанд ќатрааш ба замин меафтаду чанд ќатрааш ба љои дигар. Ту медонї, ки дар кадомин лањза кадом ѓунчаи нињоли боѓ мешукуфад ва кадом гул рўзонаву кадомаш шабона  мешукуфад. Медонї, ки кадом абр борон меораду кадомаш не… Ва ту пешгўї карда метавонї, ки фарљоми ин набард чї шавад. Бигўй.
Бори аввал Љомосп дар гуфтори назди шоњ дармонд ва гуфт:
—Кош аз модар таваллуд намешудам. Кош мурѓи дарёбор мебудам ва дур парвоз мекардам, то шумо, рањонандаи бузург, ин саволро ба ман намедодед. Вале модоме, ки пурсиш кардед, посухи ман бояд рост бошад. Аммо аввал се бор савганд бихўр —ба шамшер, ба тир ва ба камони худ, ки аз хуни ман даргузарї ва ѓазаби худро бар сари ман наронї.
Ва Виштосп се бор савганд хўрд ба шамшер, тир ва камони худ:
—Савганд мехўрам, ки ѓазаби худро ба ту равона накунам. Бигўй, Љомоспи оќил.
—Ман мегўям: хуш аст ба касе, ки аз модар таваллуд нашуд ё дар кўдакї мурд. Зеро, ки фардо бисёр модарон беписар мемонанд, бисёр писарон бепадар мешаванд, бисёр бародарон бе бародар мешаванд, бисёр занњо бешавњар мемонанд. Бисёр аспњои мо бесавора мемонанд ва дар байни душманон соњиби худро мељўянд ва намеёбанд. Ва аз байни хонумони ту 23 нафар писарон ва бародарони ту кушта мешаванд.
Зардушт пеш омад ва бо њаяљон гуфт:
— Шањо, дари љангро фурў банд, ки худованд дари худро ба рўи мо бастааст. Азеро, ки роњи хато пеш гирифта шуд, аз Аша баркандем ва бар Дуруљ  пайвастем. Агар ба хотири густариши дини бењист, љанг њаргиз зарурат надорад. Дар тамоми кишварњои ориёї мардумон кеши маздаясноро пазируфтаанд ва замоне кофист, ки бидуни љангу зўроварї вай дар дилњои њама мардумон љой бигирад. Бо хирад мебояд пазируфт дини бењини маздаясноро… Он кас аз њама волотар аст, ки роњи куштанро мебандад. Бишавад, ки чунин коре њарчи зудтар анљом гирад!
Виштосп худро аз тахт ба замин партофта, дар як даст шамшеру дар як даст ханљар ба ў њуљум кард.
—На! Ту паёмбари оќили ман нестї! Ту љодугарї ва дурўѓзан! Ин гуфтаи ту њаргиз нахоњад шуд! Агар савганд намехўрдам, сари бемаѓзатро аз танат људо мекардам.  Оњ, дилам…
Љомосп ба ёрии ў омад:
—Бархез, рањонандаи бузург. Ин сухан на ман гуфтам, балки ситорањо пешгўї мекунанд. Мо назди сарнавишт ољизем. Бењтар он аст, ки сулњ љўем.
- На! Сухан гуфта шуд. Љанг омад аввали сухан.
Сипањсолорон ва фарзандон назди шоњ омада ўро тасалло доданд, савганд хўрданд, ки пагоњ онњо ѓолиб мешаванд.
 Зарир низ ўро тасалло дода гуфт:
—Осуда бош, бародар, мо фардо бар лашкари душман чира хоњем шуд!
Асмухвонвант низ шоњро ором карда гуфт:
—Мо мубадон, ниёиши бузург ба љой оварем ва Ањура Маздо ва фравашињои ниёгонро ба ёрї хонем. Эзадон ва фуруњари ниёгон моро ёвар шаванд.
Лашкари Виштосп саф кашид. Канорањои арзу тўли лашкар ба назар наменамояд. Ин ваќт аз љониби биёбон ќофилаи на чандон калоне даррасид. Сарони лашкар гумон доштанд, ки яке аз фављњои навбатии сипоњиёни эронист, ки аз вилоятњои дигар омадааст. Аммо диданд, ки дирафши онон дигар аст. Ќофила дар масофаи тиррас бозистод. Нафаре аз онон пеши лашкари ориёї биомад, бо ѓурури тамом биистод ва номаи шоњ баргирифт ва гуфт:
—Ай, эрониёни покнажод! Шоњи шоњон Арљоспи бузург ба шумо дуруд мефиристад ва мегўяд: «Ман шунидам, ки шумо шањриёрон, ин дини маздаяснон аз Њурмузд пазируфтед. Ба шумо њушдор медињам: агар онро бознадоред, моро гарон зиёну душворї аз ў расад. Аммо агар шумо шањриёрон пешнињоди мо писандед ва ин дини  нав бигзоред ва бо мо њамкеш бошед, он гоњ шуморо ба шањриёрї парстем, он гоњтон дињем сол ба сол бас зару бас аспи нек ва бас гоњи шањриёрї. Ва гар ин нагзоред ва бо мо њамкеш набошед, он гоњ бар шумо расем, сабз хўрему хушк сўзем ва чањорпову дупоро аз шањриёрон барда кунем ва шуморо ба тамом гарон ва душворї кор фармоем!» Мо гуфтем, шумо шунидед. Дигар шумо донед. Агар пазируфтед, бар мо нишонае дињед.
Ва ќофила њамон тавр, ки баногоњ пайдо шуданд, њамоно дар регзори биёбон  ѓайб заданд. Кас надонист, ки чї сирре буд. Фаќат мову шумо медонем, ки ин амал бе кирдори хиёнаткоронаи вазирони бохтарї, чун Бендва, ѓайриимкон буд. Онњо буданд, ки ќофиларо дар яке аз саройњои шубонон дар наздикии пойтахт љой доданд ва њар гањ ки зарурат меафтод, ононро байни ќабилањои кўчї пинњон мекарданд.
Дар байни лашкариёни Аирйана  ѓалоѓулаи пасти навмедї бархост. Зеро ки Рад ва Бендва дар байни љанговарон иѓво ангехта, паёми ваколатдори Арљоспро дањ баробар бештар мегуфтанд. Байни лашкар аќидае пайдо шуд, ки ин љанг зарурат надорад.
Ин хабар зуд ба шоњ расонданд. Кайвиштосп аз пеши сафи лашкар гузашт ва садоњои норозиёнаи баъзе лашкариён ба гўши ў расид. Ў худро ба даст гирифта, ќоматашро рост кард ва гуфт:
—Агар њама писарону бародарону шоњзодагони ман ва низ Њутаоса, ки маро зан аст, ки аз писар то духтар 30 тан аз ў зода шудааст, њама мурда буванд, он гоњ њам ман ин дини поки маздаясно, чунон ки аз Ањура Маздо пазируфтам, нагузорам. Ва ман шоњам, ќавл додаам, дигар љойи ќафонишинї нест ва аз ин љанг сар натобам! Лашкару љангафзори мо фаровон аст, ягон сипоњ ба онњо баробар шуда натавонад, агар хиёнате бар мо  нашавад.
Лашкар равон шуд. Оби љўе ки лашкар аз он гузашт, чандин муддат лой шуд.

106. ШАБИ ПЕШ АЗ ЉАНГ

 Худи њамон шом пеш аз љанг ва тамоми субњи оѓози љанг  њашт мубади бузург бо сарвари Аша Зардушт ба хониши њотњо ва яштњо ва Мантраи варљованд пардохтанд, ки ба пешгирии мусибатњо ва ѓалабаи комил бар душман бахшида мешавад.
Давраи њаштгўша, ки дар њар кунљ барои хондани Мантра ба мубад љой дошт ва байнаш миљмари оташ гузошта шудааст, ин шом салобати хоса гирифт. Аслан, ин шом ниёишкунандагон аз њисоби модарону падарони сарбозон ва онон, ки писару духтар ё бародаронашон дар марзи ќаламрави Арљосп монда буданд, хеле зиёд шуда, саросари оташкадаро фаро гирифтанд ва ба ќавле љои сўзанзанї набуд. Вале дар ин њуљраи бузурги њаштгўша танњо рўзњои хоса ниёиш барпо мешавад ва касе ѓайри њашт мубади шинохта њуќуќи ворид шудан надошт. Ва њоло донандагони хуби дин ва хонандагони бузургтарини Мантраи варљованд —Аша Зардушт, Асмухвонвант, Исадвастра ва боз чанд нафари дигар омада аз 8 кунљи он љой гирифтанд.   
Коњинон мувофиќи мартабаву вазифањо дар маросимњои шашгонаи гањанбор чунин саф оростанд: вазифаи Заотарро ки сарвари коњинон буда, дар симои ў Ањура Маздоро медиданд худи Зардушт иљро кард. Вазифаи ў хондани њама готњо (17 гот)  буда, љойи ў дар назди тахтасанги ашёњост, дар рўи нишастгоњи хоса рў ба оташ –ба љануб менишинад. Њафт коњини дигар чунин љой мегиранд: се нафар—хованан, аснатар, атравахша аз дасти рости заотар љой мегиранд, рў љониби оташ ба самти  шарќ меистанд,  сеи дигар —фраберетар, ратвишкара, аберетар аз љониби чап, рў ба оташ, дар самти ѓарб меистанд. Коњини њафтум –срашаоварез рўбарўи заотар дар љануб љой мегирад.
Љараёни ниёиши вижаи шоми пеш аз љанг чунин буд: Њама мубадони бузург бо вазифањои вижаи худ дар давраи њаштгўша гирд омаданд. Аша Зардушт дар вазифаи Заут истод ва Асмухвонвант дар вазифаи Роспи.
Дар ваќти даъвати эшон чунин ба назар мерасад, ки онон њама неруњои мардумони кишвар ва неруњои осмониро ба ёрї мехонанд.
Заут гуфт:
—Њовананро истода хоњам.
Роспи гуфт:
— Ман омодаам.
Заут гуфт:
—Отарвахшро истода хоњам.
Роспи гуфт:
— Ман омодаам
Заут гуфт:
—Фраберетаро истода хоњам.
Роспи гуфт:
— Ман омодаам.
Заут гуфт:
—Оберетаро истода хоњам
Роспи гуфт:
— Ман омодаам.
Заут гуфт:
—Оснатарро истода хоњам.
Роспи гуфт:
— Ман омодаам.
Заут гуфт:
—Роспиро истода хоњам.
Роспи гуфт:
— Ман омодаам. Йата ању ваирйа…
Заут гуфт:
— Сраушоварез, он фарзонаи огоњ аз Мантраро истода хоњам.
«Асаратуш њача».
Ва  њама мубадон мувофиќи вазифа ва иродаи неки худ дар пойгоњи худ устувор истоданд.
Сипас Заут гуфт:
 —Отурбонро истода хоњам.
Артишторро истода хоњам.
Барзигари сутурпарварро истода хоњам.
Хонахудойро истода хоњам.
Дењхудойро истода хоњам.
Шањрбонро истода хоњам.
Шањриёри сарзаминро истода хоњам.
Љавони некандеш, некгуфтору неккирдори бењдинро истода хоњам.
Љавони сухангўйро истода хоњам.
Отурбон ашаванеро ки дар кишвар аст, истода хоњам.
Отурбони фархундаеро, ки берун аз кишвар дар гардиш аст, истода хоњам.
Кадбонуро истода хоњам.
Ашаван занеро бихоњам, ки дар андешаву гуфтору кирдори нек, саромаду хубомўхтаву фармонбардори шавњар ва ради ашаван Спандармад ва чун занонест, ки аз они туанд.
Ашаван мардеро истода хоњам, ки дар андешаву гуфтору кирдор нек, саромад ва аз хастуї огоњ ва бо кайада бегона аст ва бо куниши худ љањонро ба сўи Аша пеш мебарад.
Ва чунин ба назар мерасад, ки дар тамоми саросари кишвар ва берун аз он низ ашаванмардон ва ашаванзанон, љавонон, отурбонон, артешдорон, дар пойгоњи хеш ин садоро шуниданд, гўш доданд ва амал карданд. Ва дар саросари кишвар ва берун аз он низ отурбонон, артешдорон, ашаванмардон ва ашаванзанон, љавонон, дар пойгоњи хеш устувор истоданд ва фарраи ориёї аз ин болид ва њама ба ёвариии њамдигар бархостанд ва устувор истоданд.
Зардушт дар оташкадаи Навбањор, бо чашмони нимпўшида ба оташи муќаддас нигариста, акси њамаи онро дар оташ дид, омодагии њамагонро дид, омодагии њамаро эњсос кард, осуда шуд ва сипас ниёиш оѓоз кард:
—Инак, њар як аз шумо, маздопарастонро рад њамехонам  ва рад ба шумор оварам: Амшоспандон ва Саошйантњоро, ки донотар, ростгуфтортар, ёрикунандатару хирадмандтаранд. Бештарин неруи дини маздопарастиро отурбону артиштору барзигари сутурпарвар њамехонам.
Йата ању ваирйа, ки Отарвахш маро бигўяд.
Роспи гуфт:
—Асаратуш Ашатич њача, ки порсомарди доно бигўяд.
Заут гуфт:
—Асаратуш Ашатич њача, ки порсомарди доно бигўяд.
Роспи гуфт:
— Эй отурбон, туї Заути мо.
Заут гуфт:
—Йата ању ваирйа, ки Отарвахш маро бигўяд.
Роспи гуфт:
— Асаратуш Ашатич њача, ки порсомарди доно бигўяд
Зардушт гуфт:
—Ман Заут, омодаам, ки Стаота йеснйаро фаро хонаму бож гираму бисарояму биситоям. Њон, меситоем андешаву андешидаро, Одаи нек, Ашии нек, Чисти нек ва Драватати некро, он ки ба радон ва ба радињо дуруд њамегўяд. Растагории љањониёнро хасту бошем, ки мо маздопарастони зардуштї мйазди радї ва намози радии радписандро ба-д-ў навид њамедињем. Саросари офариниши Аша, ситоишу ниёишу хушнудиву офаринхонии моро бишнаванд. Сурўши порсо, ради бузургворро меситоем. Ањура Маздоро меситоем, ки дар ашаванї бартарин, ки дар ашаванї саромад аст. Њамаи сурудњои зардуштї ва њама кунишњои неки варзидаро меситоем: он чиро ки шудааст ва он чиро, ки хоњад шуд.
Йенге њатам…
Ва то замоне, ки дар дили њамагон шубњаву тарс, ѓазаби нољо падид наомад, неруи њама барљой, фарраи ориёї болида бозистод ва ялону сипањбудони аирйа дар набардгоњ бар сипоњи туирйа ѓолиб шудан гирифтанд.
Мубадон гирди оташгоњи њаштгўша нистода ниёиш мекунанд.
Ниёиши вижа –ситоиши Ањура Маздо, Бањром ва дигаронро барои пешгирии љанг ва ѓалабаи бохтариён Аша Зардушт оѓоз кард, дигарон њамовозї намуданд.
Ниёишњо аз ситоиши Ањура Маздо ва Амшоспандон оѓоз шуданд:
—Ањура Маздои ашаван, ради ашаванро меситоем.
Њамаи пайкари Ањура Маздоро меситоем.
Њамаи Амшоспандонро меситоем.
Њамаи радони ашаваниро меситоем.
Њамаи дини маздопарастиро меситоем.
Њамаи сурудхониро меситоем.
Њамаи Мантраи варљовандро меситоем.
Њамаи доди девситезро меситоем.
Њамаи равиши деринро меситоем.
Њамаи изадони ашавани менуї ва љањониро меситоем.
Њамаи фравашињои неки тавонои поки ашаванонро меситоем.
Њашт мубад баробар такрор карданд:
—Дуруд бар Фарри кайнї!
Дуруд бар Ориёнвиљ!
Дуруд бар Саока!
Дуруд бар оби Даитйа!
Дуруд бар оби Аредвисура Аноњита!
Дуруд бар њама офаридањои ашаван!
Йата ању ваирйа.
 Пас аз хотимаи ниёиши аввал њар кадом мубадон яштњои дигарро бо овози тоза шурўъ карданд, дигарон њамовоз шуданд:
—Хуршеди љовидонаи ройманди тезаспро меситоем бо Њауми омехта ба шир, бо барсам, бо забони хирад ва Мантра, бо андешаву гуфтору кирдори нек, бо заур, сухани расо.
Касе, ки хуршеди љовидонаи ройманди тезаспро биситояд, пойдорї дар баробари торикиро,
пойдорї дар баробари тирагии девофаридаро, 
пойдорї дар баробари дуздону рањзанонро,
пойдорї дар баробари љодувону париёнро,
пойдорї дар баробари Марешаунаро меситояд.
Чунин касе Ањура Маздоро меситояд,
Амшоспандонро меситояд,
равони хешро меситояд ва њамаи изадони менуї ва љањониро хушнуд мекунад.   
Он шом касе осуда набуд. Сарону номварони кишвар дар маъбадњо ќурбонї карда баракат талабиданд. Аз он љумла, Кайгуштоспи гаронмоя бар каронаи оби Фараздану сад аспу њазор гову дањ њазор гўсфанд Ўро пешкаш овард ва аз вай хостор шуд:
—Эй Аредвисура Аноњита! Эй нек! Эй тавонотарин!
Маро ин комёбї арзонї дор, ки ман дар корзори љањон бар Татрйаванти дуждин ва Пишангаи девпараст ва Арљоспи дурванд пирўз шавам.
Аредвисура Аноњита ўро комёбї бахшид.
Зарир размкунон бар пушти асп бар каронаи оби Даитйа сад аспу њазор гову дањ њазор гўсфанд Ўро пешкаш овард ва аз вай хостор шуд:
—Эй Аредвисура Аноњита! Эй нек! Эй тавонотарин!
Маро ин комёбї арзонї дор, ки ман дар корзори љањон бар Њумайакаи девпарасти гушудачангол, ки дар њашт хона ба сар мебарад ва бар Арљоспи дурванд  пирўз шавам!
Аредвисура Аноњита, ки њамеша хостори зауру ниёзкунанда ва ба оин пешкаш оварандаро комраво кунад, ўро комёбї бахшид.
Дигар сипањбудњо ва сарварон низ чунин ќурбонињо ва ниёишњо карда баракат хостанд ва бо хотири љамъ ба кушторгоњ равона шуданд.
Ба њар оин, ба Арљосп муяссар шуд, ки аз њисоби девзодагону ќабилањои худмухтори ориёиасли сакої иттифоќчиён ёфта, бо дили пур ба амалиёти њарбї оѓоз кунад. Усули њарбии девзодагонро низ истифода бурданд: сипоњиёни Арљосп, Норашнї ва  Маидийар,  ки дар иттифоќ бо њам амал мекунанд, ба аспони худ  ба љои об майи бо сирко ва сирпиёз омехта доданд, то аспони бодпояшон маст шаванд.
Ва усули љангии Норашнї хуни њамаро ба љўш овард: гунањ-гореро пеш оварданд. Заррина тири камонашро ба љониби вай рањо кард. Њазорњо камонкаш ба вай тир андохтанд. Хурўши лашкар, ки ѓурриши девњоро ба ёд меоварад, ба афлок расид.  Њама гўё аз ин хунрезї неруи тоза баргирифтанд.
Њазорњо тири камон, ки дар ќафояшон оташи сўзон доранд, ба сўи дењу шањрњо париданд ва  оташ њама љоро фаро гирифт.
         
 107. МАНТРА АЛАЙЊИ ЉАНГ
 
Дар маъбади Навбањор тамоми шаб ниёиш идома ёфт.
Мубадон фравашињои ниёгонро ба ёрї даъват намуданд:
—Хушнудии фравашињои тавонои бисёр неруманди ашаванон ва фравашињои нахустин омўзгорони кеш ва фравашињои паёмоваронро меситоем, ки моро ба ёрї омаданд ва моро ёварї расонданд.
Фравашихои неки тавонои поки ашаванро меситоему месароем ва ба ёрї њамехонем.
Фравашињое, ки осмонро нигоњ доштанд, обро нигоњ доштанд, заминро нигоњ доштанд, говро нигоњ доштанд, фарзандони њастї ёфтаро дар зањдони модарон нигоњ доштанд. Фравашињое, ки бисёр бахшандаанд, ки зўрманд фаро расанд, ки далер фаро расанд, ки аз пайи додхоњї фаро расанд.
Дар ситезаи хунин ононро бояд ба ёрї хонд.
Дар разм ононро бояд ба ёрї хонд.
Дар љанг ононро бояд ба ёрї хонд.
Ононанд, ки ёрихоњонро пирўзї бахшанд; ки ниёзмандонро Растагорї дињанд; ки ранљуронро тандурустї арзонї доранд; ки ашаванро—ашаване ки эшонро ситоишкунону хушнудкунон заур ниёз оварад—фарри нек бахшанд.
Фравашињо ба-д-он љой, ки ашаванон Ашаро бештар бовар дошта бошанд, ба-д-он љой, ки бузургтарин ниёзњо омода шуда бошад, ба-д-он љое, ки ашаванмард ситеза наварзида бошад, хушнудтар дар оянд.
Фравашињои неки тавонои поки ашаванро меситоем, ки зўрмандтарин саворон, чолоктарин пештозон, устувортарини пуштибонон ва шикастнопазиртарин афзорњои разму он касро, ки ба-д-ў рўй оваранд, аз тохту този душман нигоњ доранд.
Фравашињои неки тавонои поки ашаванонро меситоем, ки ба иродаи устувору зўрмандии бисёр, бо забардастї ба зиёни душманон бар коранд ва бозувони пуртавони он бадхоњонро дар пањнаи пайкор аз кор боздоранд.
Эй тавонотарини офаридагон!
Шумо некињои худро –пирўзиву бартарии чирашавандаи ањураофаридаро ба сарзаминњое арзонї медоред, ки дар он љо аз некињои шумо ба нораво бањра нагирифта бошанд ва шумо аз онон ранљидаву озурдаву нохушнуд набошед. Онљо, ки шуморо сазовори ситоишу барозандаи ниёиш донанд ва шумо дар он љо роњи баргузидаи хешро мепаймоед.
Фравашињои неки тавонои поки ашаванонро меситоем; он номдорони дар разм пирўзи бисёр неруманди сипардорро, ки аз роњи рост ба роњи каж нагароянд. Он ки пеш метозад ва он, ки дар пайи ў метозад—њарду фравашињоро ба ёрї њамехонем. Аз пайи тозанда, дастёбї бар пештозро ва рањої аз чанги душманро бонги ёрихоњї бароваранд. 
Фравашињои неки тавонои поки ашаванонро меситоем, ки размоварон бисёр басељ кунанд, размовароне размафзор бар миён баста, ки бо дирафшњои дурахшони барафрошта ба пайкор шитобанд.
Фравашињои неки тавонои поки ашаванонро меситоем, ки бо хўду сипару размафзори аз филизз сохта дар пањнаи дурахшони разм мељанганд; ки нобудии њазорон девро ханљари охтаанд.
Њар як аз ду гурўњи размоварон, ки нахуст ба дурустбоварї ва ростандешї ононро намоз баранд, фравашињои неки тавонои поки ашаванон, њамроњи Мењру Рашну Дамуш Упамана ва Боди пирўз ба-д-он гурўњ рўй оваранд.
Онон сарзаминњои душманро ба суди размовароне, ки фравашињои  неки тавонои поки ашаванон, њамроњи Мењру Рашну Дамуиш Упамана ва Боди пирўз бад-эшон рўй овардаанд—ба як захм барандозанд: панљоњњо, садњо, садњо њазорњо, њазорњо дањ њазорњо, дањ њазорњо сад њазорњо.
Фравашињо дар пањнаи разм, барои хонаву сарзамини хеш мељанганд; барои он љо, ки хонаву кошона доштанд; ончунон, ки гўї далермарде размафзор бар миён барбаста, дороии фароњам овардаи хешро пос медорад.
Њангоме, ки шањриёри тавонои кишвар аз душмани кинавар ба њарос афтад, фравашињои тавоноро ба ёрї мехонад.
Фравашињои тавонои ашаванон –агар аз ў хашмгину нохушнуду озурдаву ранљида набошанд, ба сўи ў парвоз мекунанд. Онон ўро дар ситез бо Девони пинњону Варанњои фирефтору кайадаи табањкору Ањримани маргофарини нопок њамчун размафзору сипару зирењ ба кор оянд; чунон ки гўї ба як саду ба як њазору ба як дањ њазор сангар захм фуруд омада бошад. Ба-д-ин сон, на теѓи хуби охта, на гурзи хуб нишона гирифта, на тири хуб рањошуда, на найзаи хуб партошуда ва на сангњои фалохани бо неруи бозувон андохта ба-д-ў расад.
Бишавад, ки фравашињои некон ба зудї дар ин љо ба дидори мо бишитобанд
Бишавад, ки онњо ба ёрии мо оянд.
Бишавад, ки моро њангоме ки ба тангно афтодаем, ба ёварии ошкори хеш нигањдорї кунанд, бо пуштибоне монанди Маздо Ањура ва сурўши порсои тавоно ва Мантраи варљованди доно.
Эй фравашињои ашаван! Эй некон! Эй обњо! Эй гиёњон!
Шодмону гиромї дар ин хона фуруд оеду ором гузинеду бимонед
Эй тавоноён! Эй тавонотаринон!
Дар ин љо отурбонони кишвар, ки бо Аша меандешанд, дастњоро дар ситоиши шумо ва ба хостгории ёрї барои мо баровардаанд.
Фравашињои тавонои бисёр неруманди ашаван ва фравашињои нахустин омўзгорони кеш ва фравашињои паёмоваронро дуруд мефиристам.
Ва ба назари њамагон чунин намуд, ки њама номварону шањони бостон —Њушангу Тањмураси Девбанду Љамшеду Гаршосп, Кайхусрав ва дигарон дар пањлуи онон љой гирифтанд ва ононро њимоят мекунанд.
Ва ин ниёиш тамоми шаб ва тамоми рўз ва њамчунон чанд шабону рўзони дигар идома ёфт.
Ва рўзњои аввал бохтариён бар Арљоспиён чира шуданд.

108.  КУШТАИ АВВАЛ

Љанги мардуми њамзабону њамкешу њамфарњанги Аирйама бо Туирйа ва иттифоќчиёни он бо дањшати тамом сар шуд. Эњтимолан, вай дар майдонњои назди Марврўд сурат гирифт.
Лашкарњои туирйа ва аирйа рўбарўи њам дар масофаи тиррас саф кашиданд.
Табл заданд ва ду пањлавон аз ду лашкар пеш баромада бо њам ќувва озмуданд.
Гурди бохтарї пешдастї кард. Гурзи гарони партофтаи ў андаке сари њарифашро харошида гузашт, вале њамин кофї буд, ки суст шуда аз асп афтод. Бохтарї саросемавор шамшери дарозашро ба кор бурда гардани ўро бурид. Ва ин марди бузурги тањамтани дар дил њазорон орзу як садои номуайяне баровард, ки маънояш ё афсўс буд, ё лаънат ва афтод: тан људо афтоду сар људо. Барои чандин њазор тамошогар ана њамин нуктаи нињої зарур буд. Талаби љанг њамин буд.
Бояд сарбозони як тараф шодї мекарданду тарафи дигар нола аз љигар мекашиданд. Вале аз чї бошад, ки ѓиреву нолаи занњо ва мардони њарду тараф ба осмон печид, ки баробар, якрангу њаммазмун аст:
—Во писарам!
—Во падарам!
—Во бародар…
Дар Лашкари Арљосп албатта бештар хавотир шуданд.
Пањлавон Зав аз навњаи тарафи мухолиф ба њаяљон омада сабаб пурсид.
—Онњо низ нола мекунанд?
—Бале,— шарњ дод як сипоњии пир.
—Чаро?
—Њарду пањлавон аз дењањои њамсояи вилоятњои њамсоя буданд, њарду њамдигарро хуб медонистан, њарду ба њам хеш буданд,  хешони њарду низ ба њамдигар хеш буданд. Аммо чї илољ, ки љанг—љанг аст: бояд беамон гардани њариф бибуррї. Агар куштї, бурдї, ва агар накуштї худ кушта шавї. Аз ин љост, ки аз њарду љониб хешон навња карданд.
—Агар ѓолиб шавию накушї-чї?
—Метавонї асир гирї ва ѓуломи худ гардонї.
Аша Зардушт њам, кулоњ аз сари худ афканда, бо доираи дарида, бо њазорон хорї навња кард:
—Истед! Хости Ањура Маздо ин набуд, ки ориёињо ориёињоро бикушанд! Хости ман аз дини Ростї ва Аша ин набуд, ки ориёињо ориёињоро бикушанд. Даст кашед аз ќатлу куштори бародарони худ. Бо хирад мебояд пазируфт дини бењини маздаясноро… Он кас аз њама волотар аст, ки роњи куштанро мебандад. Бишавад, ки чунин коре њарчи зудтар анљом гирад! Кор бо бадбоварон аз арљи як кас мекоњад. Инон хашмгиноне њастанд, ки Ростиро мешикананд. Инон базањкоронанд. Куљост сарвари росткор, ки дар баробари инон бо љону дил ва озодона биистад. Он, эй Худои Доно, дар шањриёрии туст, ки ба ситамдидаи росткор ва бењтаре мерасад.

109. ЉАНГЊОИ ЗАВ

Чун гурди тўронї дар масоф афтод, љои ўро бояд касе пур кунад.
Тањамтане баромад.
Гурди бохтарї дид, ки марди ў нест, майдонро тарк кард. Ќоида чунин буд. Аз нахустин ѓалабаи пањлавони худ Кайвиштосп шод шуд ва аз дил гузаронд, ки шояд он њама пешгўињо нодуруст буданд. Нахустин ѓалаба ба ў илњом бахшид. Аммо дар разми дувум якбора чанд сарбози ў аз дасти як пањлавони лашкари Арљосп сари худро бохтанд. Пањлавонон пеш дар гўштину озмунњо бо њам ќувва озмуда камобеш якдигарро медонистанд,  аммо ин размоварро њатто аз њамсафони тўрониаш касе намешинохт. Љангафзор –шамшери дарозу найзаи ѓафс дар дасташ чун хас дар дами бод бозї мекард. Зирењи оњанї дар танаш тангї мекард. Фаќат аз љуссаи бузургу бозувони пурќувват ва риши мошубиринљшудааш мо метавонем гўем, ки њамон Зави пањлавон аст. Аз њама аљибтар он буд, ки ў њарифонро намекушт, сахт захмї њам намекард. Гўё бозї бошад, силоњашро аз дасташ кашида мегирифт, сабук ба сараш зада бењуш мекард ба гарданаш каманд партофта бо аспаш кашола карда ба аќибгоњ мебурд. Мехост ононро чун ѓулом истифода барад.
Пањлавонони асири ќавибозуро дида, Зав шодї мекард, ки барои заминронї ва чорводорї ёварони хуб пайдо кардааст. Азбаски усули љангии ў ба касе монанд набуд, љанговарон намедонистанд, ки бо ў чи њилае бикунанд. То онњо мувофиќи усулњои ёддодаи устодонашон њилае меандешид, Зав якеро озод аз хонаи зин бардошта ба замин мепартофт, дигареро аз пой мекашид. Завро дар њарду љониб касе љиддї кабул накард, вале худи ў аз ин парвое надошт.
—Муњимтар он аст, ки,— мегуфт ў худ ба худ,— дар давоми як рўз соњиби се асир—се ѓуломи пурќувват шудам. Ана акнун якеш бароям кишоварзї мекунад, яке рамаи гўсфандонамро бонї мекунад, дигараш галаи аспњоро. Вале нав соњиби се асп шудам… Боке нест, агар њар рўз се аспї ѓанимат гирам, дере нагузашта галаи калонтарини аспњо аз они ман мешавад. Дигар занак њам галаи беохири аспро дида, њаргиз бо ман дуруштї накунад.
Барои барќарор кардани мувозинат шањзода Зарир ба майдон баромад. Ба Зав аспи зарринзирењи ў писанд омад. Хаёлан худро болои аспи зарринболи Зарир эњсос карда оби дањонаш рафт, чанд ќадам ба тарафи ў њам гузошт, вале нохост гуруснагии сахте њис кард. Шикамашро дошта, ба сипањсолор гуфт:
—Шикамам гурусна монд, ним коса шўрбо хўрам.
—Бирав, — бо ханда ўро рањо кард сипањсолор.—Медонї, ки марди ў нестї.
Аз лашкари Арљосп нафари дигаре ба майдон баромад.
Зарир ўро бо як зарба ду ним кард. Фиѓон аз лашкариён баромад.
Арљосп, ки аслан парвои ин гўштигирињо надошт, ишорат ба фиристодаи Норашнї кард, ки омода шаванд. Вале аз он, ки пањлавонони ў дилшикаста шуданд, ба лашкар рў оварда шањзодагонро ба нанг овард.
—Агар њамияте доред, пеш бароед, вагарна ман худам ба майдон бароям.
Братрокрештур ваќтро ѓанимат дониста арз кард:
—На шоњи бузургвор. То ваќте, ки мо њастем, шумо набояд ба набардгоњ бароед.
То онњо сўњбат карданд, ки фарзанди бародари Арљосп Зерандоз ба майдон баромад. Ў хеле љавон буд, вале чолок ва софдил. Аз сирри дили Зарир бохабар буд, Заремайа ўро хоњарвор дўст медошт. Борњо шоњиди мењрубонињои духтари аму ва Зарир шуда, ба ў низ эњтиром дошт. Ва њоло дар набардгоњ аз дур ќади болои Зарирро дида шинохт, алам кашид ва беихтиёр ба майдон баромад.
Зарир њам ўро шинохт. Ба ёдаш ваъдаи ба Заремайа додааш омад.
Овози Заремайа дар гўшаш садо дод:
—…Аз ту илтиљо мекунам, эй гурди далер, ба номи худованди љону хирад савганд бихўр, ки њар гањ дар майдони љанг бо падар, бародар, хешовандони ман рўбарў омадї, даст аз љанг кашї ва шафќат кунї…
—Савганд ба номи яздон, ки дар майдони љанг њам пеш аз њама барои љонпайванд шудани бародарони њамхун талош њамеварзам...
 Зарир ва Зерандозро Заремайа низ шинохт. Дилаш ба табу тоб афтод ва бо њолате, ки њар лањза мемирад ва боз зинда шуда, боз мемирад, оќибати корро интизор шуд.
Зарир бори дигар ин савгандро такрор кард. Ва омода будани худро дар назди виљдони худ изњор дошт. Ва ба Зерандоз амр кард:
—Зерандоз, њоло аз дањони ту бўи шир меояду аз пуштат бўи гањвора. Баргард.
—Ту намакношиносї, аз хони мо нон хўрдаї ва бар он туф мекунї?
— Зерандоз, додарам, бирав, ки љанг кори мардон аст.
—Агар њунаре дорї, бинамой!
Зерандоз пайињам аз камон чанд тир кушод. Зарир бо њаракати сабуки сипар онњоро баргардонд. Зерандоз шамшер кашида пеш омад. Зарир назарногирона бо як зарба шамшери ўро аз дасташ афтонд ва илтиљо кард:
—То љон дорї, асп бирону бирав!
Ин кораш писанди Заремайа шуд. Аммо лашкариёни Виштосп дар њайрат монданд. Ин ба ќойидаи љанг мувофиќ набуд.
Зарир дигар ба њоли њарифаш ањамият надода, аспашро ба тарафи дигар ронд ва мард талаб кард.
—Њаст марде, ки ба љанги ман барояд?
 Зарандоз дигар чорае наёфта, њайрон монд ва аспи бе фармон мондаи ў алафњои сари роњро хўрдан гирифт. Вале ин лањзаро сипањсолор Бендва мувофиќ дониста Зерандозро бо тири камон зада кушт.
Ѓирев аз миёни мардуми њарду тараф баромад.
Зарир бо њайрат ва нафрат ба Бендва нигарист.
—Ин чї корест?
—Сари душман кўфта бењ.
—Ман ўро рањо кардам, ки кўдак аст!
—Аз ќафо мехост бо акинак туро бикушад.
—Эњ, фалак. Заремайа акнун чї гўяд?
Заремайаи дар ќароргоњи падари худ ба дањшат омада нола кард ва нафрин хонд:
—Ваъдахилоф… Дуруљкор… Бародаркуш!

Дар давраи њаштгўша бесарусомоние рух дод. Мубади њаштумро нохост дарди дил гирифт. Њаво дар синааш дармонд. Зуд ўро иваз карданд. Ва Зардушт гуфт:
—Беадолатие аз сипањбудони бохтарї ба амал омадааст. Войи мо агар чунин беадолатињо зиёд шаванд.
Бале, то замоне, ки лашкариёни бохтарї пас аз бохти дурўѓини Арљоспиён ба ќатлу куштори беадолатона ва дуздї ва ѓорати дењоти ќаламрави Арљосп даст заданд,  Мантра ба бохтариён мададгор буд…
Мубадон филфавр Мантраи дур рондани мусибатњоро бо зорї хонданд: 
—Эй нохушињо, бигрезед!
Эй марг бигрез!
Эй девон, бигрезед!
Эй патёрагон, бигрезед!
Эй Ашмуѓи киновар, аз Аша бигрез!
Эй марди ситамгор, бигрез!
Эй аждањонажодон, бигрезед!
Эй гургнажодон, бигрезед!
Эй баднињодони дупо, бигрезед!
Эй тармаити, бигрез,
Эй Паири маити, бигрез!
Эй таб, бигрез!
Эй дурўѓзан, бигрез
Эй ошўбу нооромї, бигрез!
Эй дурўѓгўтарини дурўѓгўён, бигрез!
Эй зани рўсапии љоду, бигрез!
Эй боди Апохтар, бигрез!
Чун замоне гузашт, дар тамоми саросари кишвар ва берун аз он низ ашаванмардон ва ашаванзанон, љавонон, отурбонон, артешдорон, дигар ин садоро нашуниданд, ба он садо гўш надоданд ва ба фармудаи нек амал накарданд. Ва дар саросари кишвар ва берун аз он низ ашаванмардон ва ашаванзанон, љавонон, отурбонон, артешдорон, дар пойгоњи хеш устувор наистоданд ва фарраи ориёї аз ин коста гардид ва аз онњо рўй гардонд.
Ва Зардушт дар Оташкадаи Навбањор, бо чашмони нимпўшида ба оташи муќаддас нигариста, акси њамаи онро дар оташ дид, шикасти Савганди њамагонро дид, костани фарраи ориёиро дид.
Ва ниёиши дигар оѓоз намуд:
—Бањроми ањураофаридаро меситоям
То ман ин сипоњро шикаст дињам.
То ман ин сипоњро, ки аз пайи ман метозад, дарњам шиканам.
Бањроми ањураофаридаро меситоем.
Йата ању ваирйа.
—Гетиро неру бод!
Дуруд бар гетї!
Нармгуфторї гетиро бод!
Пирўзї гетиро бод!
Фаровонї гетиро бод!
Ободонї гетиро бод!
Бояд барои ободонии љањон кўшид ва онро ба дурустї нигањбонї кард ва ба сўи рўшної бурд.
Аз он, ки Зерандози љавон на дар пайкор, балки бадќасдона ва бидуни љангафзор, бо зарбае аз пушт кушта шуд, хуни тўрониён ба љўш омад ва бо фармони Арљосп якбора чандин нафар ба Зарир њамла оварданд. Вале  тањамтани лањзае ба эњсос додашуда зуд худро ба даст гирифт ва бо ќувваи дучанд набард карда њама њарифонро пош дод.
Бо ишораи Виштосп ќисми пеши лашкари Бохтар низ ба майдон даромад.
Ва нахустин хунрезињои оммавї сар заданд.
Ва ниёишњо дар давраи њаштгўша башиддаттар шуданд:
—Бањроми ањураофаридаро меситоем,
ки радањои размоваронро аз њам бипошад;
ки радањои размоваронро аз њам бидарад;
ки радањои размоваронро ба тангно афканад;
ки радањои размоваронро парешон кунад;
ки радањои размоваронро яксара аз њам бипошад;
ки радањои размоваронро яксара аз њам бидарад;
ки радањои размоваронро ба тангно афканад;
ки радањои размоваронро парешон кунад.
Бањроми ањураофарида радањои размоварони девон, мардумони девпараст, љодувон, кавињо ва карапњои ситамгорро чунин кунад.
Бањроми ахураофаридаро меситоем, ки дар радањои барангехтаи размоварони рустоњои ба њам пайваста, дастњои Мењрдуруљонро аз пушт бибандад; чашмњои ононро бипўшад; гўшњои ононро кар кунад; ба-д-он, ки кас натавонад по фаропеш нињад ва пойдорї кунад.

110. КИНИ ЗАРЕМАЙА

То овардани љасади Зерандоз Заремайа дар сўгвории бародар ва дўсти роздонаш гирист, нола кард, сарнавишти шум ва муњаббати шумќадами худро дашномњо дод. Вале њамин, ки ўро аз наздик бо синаи чоки пурхун дид, нохост хомўш шуд, дар чашмонаш ѓазаб пайдо гашт, мушт фишурд, тирдони Зерандозро кушода, ба миёни худ баст, пеши Братрокрештур омад ва арз кард:
—Мехоњам ќасоси бародарамро аз Зарир ситонам.
—Ту заифї,—санљишкорона гуфт Братрокрештур.
— Маро кушоиш ва комёбї дењ.
—Ту моро шарманда кунї. Гўянд, ки дар Турон мардон намондаанд, ки њоло занонро ба майдон хондаанд.
—Братрокрештур, ман бояд ќасоси бародарамро ситонам.
—Љасорат дорї, вале ба ту мадад ва ќувваи худованд Митра зарур аст. Вале ту кеши зардуштиро интихоб кардаї.
—Барои ќасос гирифтан њарчи зарур аст, иљро мекунам.
—Бояд маросисми тамѓазании Мењрро иљро кунї.
—Ман омодаам.
—Хуб. Ин шом њамроњи мо биё.
Чанд тани љавони сар пур зи бод аз пайи Братрокрештур рафтанд, ки маросими тамѓазаниро иљро бикунанд.
Дар набардгоњ табли осоишро кўфтанд.
Шом Заремайа маросими тамѓаниро иљро кард.

111 ТАМЃАИ МАРГ

Дар љониби Арљосп низ касе осуда набуд. Ва дарањои торики одатан камодам ва њавлангез серодам шуданд. Шабона дар рўшноии хираи мањтоб кўњњои баландтеѓаи  соњили рўд бадвоњиматар ба назар мерасанд. Дар пайроњаи кўњї љуссањои Братрокрештур, Заремайа, ва чанд сипањсолори дигар намудор шуданд. Онњо ба љойгоњи хосае мераванд, ки бояд маросими «тамѓазанї» (тавроболия) барпо шавад. Роњи кўњї онњоро ба маъбаде овард, ки дар ѓор, зери осмони кушод љой гирифтааст. Хомўшии ѓор њашамату оромии маргро ба ёд меовард.
Братрокрештур њамчун шахси дар ин кор таљрибадор барои дилбардории љавонон гуфт:
—Њаросе дар чашмони ту мебинам.
—Ман намедонам, ки марг чигуна мешавад, њаросе, ки дорам аз ноогоњист.
—Натарс. Ин маросими гирифтани неру аз Митра туро аз њароси дил  озод хоњад кард. Ва ту он ќадар  биболї ва хуррам шавї, ки њељ кас надошта бошад.
Ќофилаи нўњнафара ба нуќтаи охири пайроњаи кўњї расид. Аз як тараф рўди кўњї поён фаромада сангчањо аз зери пой садои бадвоњима бароварда ба об меафтанд, вале ѓулѓулаи оби рўд њам баландтар шудааст. Пайроња онњоро ба ѓори махуфи пурасрор бурд. Љавонон дар деворњо наќшу рамзњои Митра, давра, њашткунља, свастика, чалипо ва ѓайраро дида, андак осуда шуданд. Ѓорро Заремайа чанд бор аз дур дида буд ва мекўшид, ки роњаш аз он тараф нагузарад. Дар назараш аз сўрохии он доимо дуд мебаромад. Бовар дошт, ки он љо куноми девон аст. Ва њоло зарур аст, ки ба ин ѓори пурбим дароянд, ки…  тарсу њарос аз дили ў гум шавад. Братрокрештур ба љавонон чї гуфтану чї тавр амал карданашро аллакай фањмонда буд.
Коњинони маљусия  ба љанговарон хилъат ва пироњани сафед пўшонданд. Рўи хилъат низ пур аз наќшу нигори эзади хуршед- Митра, ситорањо, шерони болдор, аждањо буд. Ба дасти роста-шон миљмари оташ доданд.
Бо зинањои пурсалобати сангин –ба чуќурии тангбари дароз-рўя фаромаданд. Рўи онро бо пули мустањками чўбин  пўшида чун ѓирболи калоне сўрохњо кардаанд. Садои суми њайвоноти бузургљусса ба гўш расида, пули чўбї ба ларза даромад. Коњи-нон се ѓунољини сафед ва се ѓунољини сиёњ ва як буќќаи зарди оташранги шоху сумњояш зарњалдавонидаро рўи пул оварданд. Маросими «тамѓазанї» оѓоз шуд, коњинон ба хондани дуо шурўъ карданд.
—Мењрро меситоем!
Дуруд мефиристем ба зеботарин, нерумандатарин Мењри њазорчашм!
Мењри фарохчарогоњро меситоем!
Мењри шањриварро,
Мењри бахшандаи писарони номварро меситоем!
Заремайа ва њамроњони ў хилъати пурнаќшро аз тан бадар карда дар тан як пироњани сафед истоданд. Дар болои пули сўрох коњинон бо табарзинњои дуќиррадор ѓунољинњоро гардан заданд. Ѓунољинњо ба зону афтода, фиххос заданд ва бо љонкании худ бо вазни худ пули чўбинро беист хаму рост кардан гирифтанд. Дар шифту деворањои ѓор маъоси буќќаи оташранги аз бўи хун мастшуда акси садо дод. Ва аз сўрохињои пули чўбї ба сару рўй, андом ва тамоми љисми онњо борони гарми арѓувонї аз хуни говон рехтан гирифт.
Ниёиши коњинон бо суръати торафт шиддатёбанда идома ёфт:
—Манам хирад!
Манам хирадманд!
Манам доної!
Манам доно!
Манам варљовандї!
Манам варљованд!
Манам зўрмандтарин!
Манам дур аз дастраси душман!
Манам њамаро нигањбон!
Манам њамаро дармонбахш!
Манам шикастнопазир!
Манам њамаро шикастдињанда!
Манам пирўзї!
Манам пирўз!
Сипас саркоњини ќоматбаланди мўю ришаш дарози ѓуллии сафед хилъати пурнаќши сафед дар тан дуоро лањзае ќатъ кард ва миљмари оташи дасташро алвонљ дода гуфт:
—Равони шумо бо хуни рањонанда ва бахшояндаи изадхудо Мењр, бо хуни поки абадї хуррами изадхудои Мењр, бо љилои шому сањари изади Мењр пок мешавад. Шумо аз чї метарсед, эй хокиён?
—Аз гардиши рўзгор…—бељуръатона ѓурунгос зад Заремайа.
Овози на чандон баланди коњин ин дафъа дигаргуна ва пуртаъсир ба гўш расид:
—Равони шумо аз њама гуна  тарсу вањм, аз њама гуна эњсоси ѓуломї ба воситаи ин майи арѓувонии болидаи эзади Хуршед Митра озод мешавад. Боз чї чизе шуморо ба њарос меорад?
—Марг…
—Равони ту як њиссаи эзади Мењр—Митра  мешавад. Митраи беворчашму болида туро хун ба хун, тан ба тан, љон ба љон, нур ба нур ба фарзандї мегирад. Боз аз чї метарсед, эй хокиён?
—Ман дигар аз њељ чиз наметарсам,—нидо карда Заремайа.
—Пас бигир тољи шодиро!
Саркоњин зимни ин суханњо бо нўги шамшер ба сари онњо гулчанбари заррин партофт. Рўй ба осмон карда гуфт:
—Аз ин пас, тољи сари ман танњо Митра аст!
Иштирокчиёни маросим баробар изњор кардаанд:
—Аз ин пас то абад  Митра тољи сари ман аст!
Саркоњин ба сари синаи њар кадоми љанговарон наќши сурхи Митраро чун мўњр гузошт. Заремайа дар вуљуди худ ќуввату зўри тозае эњсос кард. Чашмони ў дигар аз чизе њарос надорад. Дар чашмонаш оташи хашм, ѓазаб ва ќасос фурўзон аст. Он чизе, ки Зардушт дур намудани онро талаб дошт, ин љо ба тану рўњи онон ворид карданд.

 112. ЉАНГИ ЗАРИР ВА ЗАРЕМАЙА

Рўзи дигар љанги тан ба тани пањлавонони ду кишвар идома ёфт. Дере нагузашт, ки  Зарир низ ба майдон баромад. Вале табъаш хира буд. Имшаб хоби ў набурд.
Ўро дар майдон дида, Заремайа низ довталаб шуд. Дар либоси љангї духтарро касе намешинохт. Братрештор шамшерњоро зањролуд карда дар камари ў устувор намуд ва гуфт:
—Њилаи љангї мардонро кор ояд.
Заремайа чизе нагуфт. Пеши чашмаш фаќат Зарир менамуд ва ин соат бадтарин душмани ў буд.
 Братрорештур дуо дод:
—Худои бузург Мењр туро кушоиш ва баракат дињад.
Майдони љанг лањзае холї намемонад. Яке дигареро иваз мекунад. Сарбозон гўё аз зиндагї безор шуда бошанд,  сўи аљали хеш мешитофтанд. Зарир, гўё љанги танњо ба танњо ба дилаш зада бошад, якбора бо чандин нафар муќобилият мекунад.
Арљосп аз ин дилтанг шуда гуфт:
—Кист родмарде, ки тавонад ин пањлавонро нобуд кунад? Дирўз аз куштањои мо пуштањо баровард. Имрўз њам сари чанд гурдро ба бод дод. Касе, ки бар ин пањлавон чира шавад, духтари худро бо як вилоят ба ў бахшам.
Ин суханро Зав шунида, хурсандона ба худ гуфт:
—Ба ман се…ду… э, як дења кофист.
Ў дар сояи хайма пойњояшро дароз карда, ѓел зада буд ва гўштпораеро мехоид. Зуд устухонро партофту пеш баромад, аммо ќаду ќомати Зарир ва якбора бо панљ нафар набард кардани ўро дида, ба љои аввалааш баргашт ва боз худро ба замин партофту ба худ гуфт:
—На духтари шоњ хоњам, на вилоят. Њамин замини хушк бењ аз тахти шоњиву њамин устухон бењ аз духтари шоњ!
Братрештур ба Заремайа ишора кард. Ў ба ин набард хеле зиёд омодагї гирифт, азбаски аз илми љодугиву сењргариву айёрї чизе омўхта буд, худро ба Заремайа монанд кард, либоси занона пўшид ва савори аспи ў ба майдон баромад. Инчунин дар сари найза муљассамаи нимтанаи Заремайаро устувор кард. Чунон, ки гўйї, ду сар дорад, ё дар як асп ду Заремайа нишастааст.
Аз љониби дигар Заремайа ба майдон асп ронд. Аммо шамол кулоњи ўро афтонда, мўи сиёњи мушкинаш чун дирафш парешон шуд.
Зарир, ки якбора бо чанд кас шамшерзанї карда ѓолиб омад, ба сурати Заремайа нигариста, ба њайрат омад ва даст аз љанг баркашид.
—Заремайа?!
—На! Аљали ту!
Овози Братрокрештур ѓафсу ноошно буд. Зуд фањмид, ки чизест аз кори љодувона. Аммо аз ќафо овози дигаре шунид, ки ба торњои нозуки асаб ва дилаш ларза ангехт:
—Бевафо!
Заремайа фурсати ба худ омадан надода нохост ба ў зарба зад, Зарир зарбаро гардонд.
—Ба худ ой, Заремайа.
—Бадањд!
—Осуда шав, Заремайа!
—Бародаркуш!
—Бародари туро ман накуштаам!
Заремайа аз куљое дар худ ќувваи бузурге пайдо карда, пайи њам зарба задан гирифт. Зарир њељ бовар намекард, ки мањбубаи дилаш бар сари ў шамшер мекашад, бинобар ин аввал њатто барои дифоъи худ њаракате накард ва танњо сонияи охирине, ки шамшери зан чун теѓи ќазо бар сараш омад, шамшерашро барои дифои рўи сари худ гузошт. Ва боз њам кўшид, ки ба зан зараре нарасонад, ба зарбањои ў љавобе нагардонд, фаќат бо сипар зарбаи шамшери ўро баргардонд ва рўй ба тарафи дигар тофт. Вале Заремайа низ дар шамшерзанї моњир буд ва чанд маротиба нўги дами шамшери ў ба даст ва китфи Зарир расид. Аз ин Братрокрештур шод гашта, наздиктар омад. Зарир дарди аљиберо дар љои захм њис карда, андак калавид, вале худро ба даст гирифта, бо як зарба шамшерро аз дасти духтар дур партофт, ўро аз зини аспаш озод бардошта ба аспи худ нишонд ва… бўсид.
—Дар марги бародарат ман гуноњ надорам, Заремайа. Бовар кун.
Заремайа низ худро дар оѓўши «душмани ширин» дигаргуна дид, мењри аввалааш љўш зад. Аз карда пушаймон шуда гуфт:
—Бовар кардам, Зарир… Вале ту њам маро бубахш.
—Дигар мо њаргиз аз њам људо нашавем.
Зарир боз як бор калавид, пеши чашмаш торик шудан гирифт.
Духтар гирён шуда гуфт:
—Маро бубахш…Шамшери ман зањролуд буд…
—Н-н-не…!!!
Братрокрештур, ин лањзаро ѓанимат дониста, бо шамшер аз ќафо ба Зарир зарба зада хитоб кард:
—Муњаббати ту ба нафрати ў мубаддал шуд!
Зарир чанд сония дар њайрат монд, замину осмон дар назараш гирд гашт ва Заремайа дар оѓўш чун кўње  ба замин афтод.
Лашкариёни Арљосп шодї кардаанд
Братрокрештор шодон дод зад:
—Ќасосро чунин гиранд,  Заремайа!
—Не! Ў гуноњ надорад!
—Бархез, меравем!
—На, ман бо ў мемонам. Ўро наљот додан лозим. Ў њоло зинда аст.
—Духтари аблањ!
—Оњ, нўшдору биёред!
—Туфу, авлоди Љањї!
Братрокрештур шоњдухтарро дашноме доду ба њолаш гузошт ва ба лашкаргоњи худ рафт. Зеро ки њоло љанги бењила оѓоз  мегашт, вале ў марди чунин љанг набуд.
Шоњ Виштосп бо тааљљуб ба корзор нигарист.
Вазир бо андўњ хабар дод:
—Шањзода Зарир кушта шуд.
—Не-е-е-! Ба падари пирам чї љавоб гўям?
—Сарнавишт чунин аст.
Шоњаншоњ амр кард:
—Тамоми артешдорон ба њуљум гузаред! Бар ивази хуни бародарам хуни тамоми бародарону њама фарзандони Арљосп бирезед!
Лашкар якбора  ба њуљум гузашт.
Аз њарду лашкар саворагон бар сари њамдигар битохтанд ва майдони љанг васеъ шуд. Чангу хок бар њаво хест, замин аз хуни љанговарон арѓувонї шуд.
Вале Заремайа сари Зарирро ба канор гирифта  то њол мадад мепурсид.
—Нушдору дињед… Нўшдору…
Аммо атрофи онњоро саворони Арљосп печонида гирифтанд. Ва касеро парвои гиряву хоњиши ў набуд. Шоњдухтар бо алам гирист:
—Лаънат ба љанг! Дигар зиндагї аз барои чист? 
Заремайа шамшери зањролуди худро ёфта ба синааш халид…
Амалиёти љангї барои њарду тараф шадид гашт.
Кишоварзону чорводорони дирўза аз тањти дил шамшер бар  сари якдигар мезаданд. Њисоби асирони Зав гум шуд. Ў њатто намедонист, ки онњоро чи тавр љо ба љо кунад. Як сарбози бохтарї, ки бародарашро Зав асир гирифта, дар ќасди ў афтода буд, пайти мувофиќ пойида, ба гардани ў каманд партофт ва хост, ки ба замин афтонда ба гўлўяш корд халад. Аммо Зав ягон зарра дигаргун нашуда, бо дастони ќавиаш камандро дошта, камандпарторо ба тарафи худ кашид. Сарбози бохтарї нафањмид, ки чи тавр аз асп кашола шуда афтод ва пеши пойи вай омад.
Зав дасти ўро то миён баста гуфт:
—Офарин бод бар ту, ки бо пойи худ омадї. Ба сипањсолори ман бигўй, ки туро ман асир гиритфтам. Ту ба њељ чиз кор намеої, назди занњо мешинї ва ба тифлони ман хидмат мекунї.
—Лаънат бар чунин сарнавишт,—дандон хоид асир.
Чунин ба назар мерасид, ки лашкари Виштосп ба маротиб зиёдтар аст.
Фурсати амалиёти иттифоќчиён расида буд. Бинобар ин Арљосп  ишорат ба аќибнишинї кард. 
—Ќафо баргардед! Танњо варљовандон бимонанд!
Ќисми бештари лашкари Арљосп  нохост  ќафо гашт, фаќат гурўњи андаки варљовандон дар майдони љанг боќї монд. Зав чун ин њол дид, хост ба ќафо баргардаду асирони худро људо кунад, аммо сипањсолор ўро аз роњ гардонд.
—Баргард! Љои варљовандон майдон аст!
—Майлаш-у…ман асирњоро саришта карда оям…
—Баргард, аблањ, набошад, худам туро бикушам!
—И-е, ман ба занам чї мегўям?
—Ба занат њамаашро худамон мефањмонем.
—Шуморо намефањмад. Бењтараш худам.
Бохтарии дигаре бар сари ў шамшер бардошт ва њуши ўро банд кард. Зав зарбањои ўро гардонда истода, ба сипањсолор фањмондан гирифт, ки зављааш чи хислатњо дораду барои ўро фањмидану фањмондан чи мебояд кард.
—Бо ў бо нармї гап занед, гапашро нагардонед, њељ кас мисли ў шакароби хуб карда наметавонад…
Оќибат Зав сарбози бохтариро маѓлуб карда ба сипањсолор нигарист. Вале ин чї њолест, на танњо сипањсолор, балки бисёр пањлавонон дар майдон набуданд. Онњо бо ишораву фармони сипањсолор чунон зуд майдонро тарк намуданд, ки ў нафањмид. Дар гирду атроф лашкари анбўњи душманро дида гиребон дошт.
—Эњња, ман ин ќадар асиронро чї кор мекунам?
 Гурўњи варљовандон, ки таќрибан дусад нафар монда буданд,  дигар ба њазлу шўхињои ў фурсат надоштанд. Вазъият барояшон тоќатфарсо буд. Вале камаш як соат бояд истодагарї кунанд. Он ваќт бо њуљуми барќосо лашкари Норашнї расида меояд. Камаш як соат тоќат кардан зарур. Як кас ба муќобили панљоњ нафар камаш як соат бояд биљангад. Ва агар кушта шавад, шарафи абадї ёбад.
Сипоњиёни бохтарї ин гурўњи  андакро ињота карда бонг заданд:
—Таслим шавед!
—Њаргиз!
—Шуморо ба хонањоятон љавоб дињем…
—Мо варљовандонем!
Зав бо њайрат пурсид:
—Варљовандаш чї?
—Мо онем, ки то дами охирин мељангем.
—Ња… Ана мењрубонии бењад барои чї будааст. Зављаамро фиреб доданд!

113. ХИЁНАТИ НОРАШНЇ

Сатават болои хомаи рег баромада майдонро наззора кард. Дид, ки лашкари Виштосп гурўњи каммондаи артиши Арљоспро муњосира мекунад.
Арљосп дар мавќеи хуб, болои теппањои баланд љой гирифта, набардгоњро назора намуда, њар лањза ба тарафи хомањои рег менигарад.
Оќибат Сатават хотирљамъ шуда тири камоне, ки дар сараш латтаи дарози сурх баста буд,  ба осмон парронд.
Арљосп осуда шуд ва ишора кард, ки ба тарафи ќалъа бираванд.
Норашнї шод гашта, худ ба чиллаи камон тиреро устувор карда ба њаво парронд, ки дар сараш латтаи сиёњ буд. Ин ишора ба Девони Кахвареда буд, ки аз онњо дуртар байни хомањои рег ќарор доштанд. Аз он љониб садое ва имое нашуд. Вале ин дигар барои Норашнї ањамият надошт. Ў ба одамони худ фармон дод:
-Њуљум ба ќалъа!
Лашкариёни Норашнї ба тарафи ќалъа асп тохтанд.
Аз љониби савум кайњо як фављи лашкар бо сарварии Маидийар ба ќалъа рањсипор шуда, аллакай дар даромадгоњи он ќарор дошт. Вале ончунон орому осуда рафтанд, ки касе дар симои онњо душманро надид.
 Дар майдон, аммо, љанги шадид торафт ављ мегирифт. 
Сипоњиёни Арљосп «Раќси љовидона»-ро оѓоз карданд: њама дар даст шамшер бо раќси аљибе гирди њам гаштан гирифтанд.
Лашкариёни Виштосп дар њайрат монда, дар љойи худ бозистоданд.
—Ин чї раќсест?
—Девон мераќсанд.
Зардушт, ки дар љои нишастааш инро медид, бо алам гуфт:
—Ин артешдорон «таронаи љовидона»-ро месароянд ва раќси љовидонагиро иљро мекунанд.
Сарбозони дар муњосира афтодаи Арљосп њамдигарро куштанд. Охирин сипоњї Зав монд бо сару рўи хунолуд, шиками дарида, бозувони гўштњояш ба чор тараф пошхўрда, найзаи шикаста, чашмони аз косахонааш барљаста.
Сарбозони бохтарї дар назди ин амал ољиз монданд ва касе љуръат накард, ки назди ў равад.
Зав бо душворї, бо даст палмосида, нўги шикастаи оњании найзаро ёфта бардошт ва оњиста, вале бо њаракати ќатъї ба гулўи худ халид.
Пањлавоне, ки то њол дањњо пањлавонро маѓлуб карда, аммо якеро накушта буд, худ њалќи худро бурида бо љањон падруд гуфт.
Фиѓон аз дили сарбозони бохтарї ба фалак печид.
Ва оѓоз гардид талаву торољи наздиктарин дењу шањраки ќаламрави Арљосп.
Киштзорон поймол шуданд.
Хонањои обод сўхтанд.
Чањорпоён низ ќисман кушта, ќисман ба матбахи артиши мухолиф ронда бурда шуданд.
Тифлони ятиммонда дар назди љасади модари шањидгаштаи худ бо њайрат нола мекарданд ва аз пистони сардгаштаи ў шир мељустанд.
Ин њамаро Аша Зардушт дар рўи оташ мебинад. Ў нола кард ва ба мардумон мурољиат намуд:
—Истед! Истед! Маќсади ман чунин набуд! Даст аз ѓорату дуздї боздоред! Тифлонро накушед, занонро маёзоред. Шумо њама Ориёї њастед. Тўрониён њамхуну њамќавми шумоянд. Шумо њама бародарзодагонед! Истед! Даст аз гуноњ барбандед! Дурўѓ ва гуноњњо зиёд мешаванд, ва худоњо оташкадаи моро, мањалли моро, мењани моро, кулли Ориёноро тарк мекунанд. Худрову ќавмњоро ва кулли Ориёноро ба ѓазаби Ањура Маздо гирифтор накунед!
Ба гапи вахшур касе ањамият надод. Њама дар пайи кори худ…
Артиши Норашнї ба ќалъа даромад.
Ба љанг мардум ба таври худ тайёрї дидааст: бисёр одамон барои њимояи худ ба ќалъа паноњ бурда, аз хасу ќамиш козањои муваќќатї сохтанд, дар шафати он ѓалла, гандумкўбакњо, кўзањои обу равѓан, либосњо ва силоњњои худро гузоштанд.
Дарвозањои марказї мустањкаманд ва хуб њимоят карда мешаванд. Шаб, ки эњтимоли љанг набуд, лашкари душман аз оби рўд гузашта ба ќисми ѓарбии ќалъа—ба љои кам њимоятнашавандаи он даромаданд. Ва борони тир бориданд. Тирњо ба деворњо ва тани љанговарон бархўрданд. Душман ба думи тирњо оташ андохта сар доданд. Пеш аз њама козањои ќамишї сўхта бетартибї ба амал оварданд. Козањо чунон ба тезї сўхтанд, ки сокинон ва мардуми атрофи он аз дуди ѓафс нафасгардон шуда бењаракат монданд.
Дар оташкадаи Навбањор боз як дафъа тартиби ниёиш андак вайрон шуд. Пас аз расидани хабар дар бораи ба ќалъа даромадани лашкари душман Рад аз ќатори ниёишкунандагон баромад ва фармуд, ки бо бањонаи дар љойи дилпур пинњон кардан зару зевару ороишоти маъбадро гирд оварда, ба ў супоранд ва дигар ба ниёишњои беохири гурўњи мубадон нигоњ накарда, бо дасти худ ороишоти зарину симини мењробро баргирифт. Касе ба ин амали ў монеъ нашуд. Сипас Рад ба хазинаи маъбад шитофт, вале онро холї дида, баргашт ва бо дањшат пурсид:
—Хазинаро кї ѓорат кард?
Касе љавоб надод. Танњо пас аз муддате Асмухвонвант сар аз ниёиш набардошта, оњиста ба ў гуфт:
—Зару зевари маъбад аллакай дар љои зарурї пинњон карда шудааст.
—Нафрини худо бод бар дуздон… ммм душманони мењан.
Рад лањзае гапашро гум кард ва дар дил њамаро дашном дод ва бадар рафт.
Бо маслињати њамагон њанўз як шаб ќабл, баъди пешбинї кардани њол вазъияти оянда маълум шуда, бохти љанг муайян гардид ва мубадон зару зевари ороишотро ба маъбади Аноњито ба канори рости рўди Даитйа, ба маъбади сангини Аредвисура Аноњита бурданд—оне, ки дертар Тахти Сангин ном гирифт.
Пас аз ќариб ду њазору шашсад сол, дар охири садаи 19-уми мелодї нафаре ин хазинаро дарёфт ва ба тољирони бухорої фурўхт. Аз тољирони бухорої вай ба дасти консули Британия дар Њиндустон афтод ва афсар онро ба осорхонаи Лондон бахшид ва њоло чун нишонањои Ориёни бостонї дар он осорхона боќист.
Аммо њоло дар маъбад, дар даври њаштгўша се нафар монданд— Зардушт ва ду мубади ихлосманд. Мўњтавои ниёиш ва хостори онон мазмуни андак дигар гирифт:
—Ман обу баѓро меситоям. Ман оштии пирўзу подош—њар як аз ин дуро меситоям.Эй Андарвойи забардаст! Маро ин комёбї арзонї дор, ки офариниши Анграменуро дарњам шиканам ва офариниши Спандменуро пос дорам.
Бале, њоло пирўзї танњо дар оштї ёфтани бародарони њамзабону њамхун аст, вале њирси зар, њирси тахт, њирси њукмравої бар тамоми кишварњо чашми њамаро кўр гардонида буд.
Оташ тамоми ќалъаро фаро гирифт. Сарбозон ва муњофизони ќалъа саросема шуда, пайи халосии љони худ ва фарзандон муњофизатро фаромўш кардаанд.

114. АВЉУ АЉЗИ ДЕВЗОДАГОН

Дар воќеъ, Маидийар дар либоси ашрофзодагони бохтарї бе љанг ба ќалъа даромад ва рањи хазинаро пеш гирифт. Њама боварї доштанд, ки ин сипањбуди ќавипайкар фармони вижаи шоњро иљро мекунад. Дар бари ў ашрофзодае мерафт, ки мардумон ба ў бештар бовар мекарданд. Номи ў Андарвой буд.
Мувофиќи ана њамон маслињати дар мењмонї кардаашон панљ њазор сарбози Кахвареда ба набардгоњи Марврўд омад. Пас аз омўхтани вазъият њанўз пеш аз огоњонидани Арљосп ва Норашнї аз рўи одати худ амал карда, гурўњ-гурўњ ноаён ба њаракат даромаданд. Дар фосилаи муайяне паси хомањои рег панљоњ—сад нафарї ќарор гирифтанд ва охир, наздики дусад нафар ба ќалъа даромаданд. Дар нахустин дидбонгоњ пеши роњи онноро гирифтанд.
—Кистед?
—Мо бо фармони хосаи шоњ омадаем. Ин аст маншури шоњ.
—Бигзаред.
Њамин тариќ, њар љое, ки муњофизон сари роњашонро мегирифтанд, Андарвой пеш мегузашт ва маншури шоњро нишон медод. Бе он њам  ўро муњофизон мешинохтанд ва њамеша ба ў роњ медоданд.
Гўё фармони шоњро иљро мекарда бошад, тамоми хазинаро ба љуволњо бардошт ва ба аробањо бор карда, бо эњтиёти тамом аз рањи дигар ба тарафи биёбон бурд. Муњофизон ва шоњидони њол ин амалро фармони вижаи Кайвиштосп гумон карданд.
 Андарвой маъбадро низ ба ёд овард ва аз њирси зиёд нафасгир шуда гуфт:
—Зару зевари Оташкадаи Бањром  аз ин гаронтар аст.
Аввал Майидийар нафањмид, ки гап дар бораи чї меравад. Гумон кард, ки  вай хонаи Бањром ном сарватмандест. Зеро ки ин ном ба маънои маъбад њанўз то Кахвареда нарасида буд. Бинобар ин ризоият дод ва бо панљоњ сарбоз њамроњи Андарвой рафт. Вале чун ба дари маъбад расид, њайрон монд:
—Њамин аст сарои Бањром?
—Бале, ин оташкада аст, маъбади зардуштист.
Майидийар воќеаи хонаи худоёни Дарељйа—об шуда рехтани саќфи онро ба ёд овард ва аз роњ баргашт.
—На, ин љои ман нест.
 Андарвой ташвиќ кард:
—Биё, ин љо зару зевар фаровон аст.
Майидийар бо нафрат ба ў нигариста, бо садои ѓулѓулаафканаш дод зад ва дафъаи сеюм як суханро такрор кард:
—Ман девзодаам, худ камоладевам, аммо на ба он њадде беимонам, ки хонаи эзадонро ѓорат бикунам. Меравем. Њамин кофист!
Ин лањза девзодае, ки муњофизи шахсии ў буд, гўш ба замин нињода гуфт:
—Лашкари Норашнї ба дарвозаи ќалъа расид.
Маидийар фармон дод:
—Аз рањи дигар меравем!
Чанд нафар аз сипоњиёни ќалъа пай бурданд, ки дар рафтору кирдори ин гурўњи дусаднафара чи кори зиште нињон аст, аммо њар ки бо ташвиши худ овора буд. Зиёда аз ин овозањо пайдо шуданд, ки ќисми пеши душман ба дарвозањои ќалъа расидааст. Набардгоњ аз ќалъа дур буд ва аз њоли аслии Виштосп ва сарбозони ў дар ќалъа кам касон огоњї доштанд.
Танњо як нафар, ки оќибат аз сирри онон бохабар шуд, сахт ба ташвиш афтод: Бендва, ки бо бањонаи беморї шоми дирўз аз набардгоњ рухсат гирифта, ба ќалъа омада буд, он замон саргардон бо майишати худ, аз рафтуомади ин гурўњи дусаднафара дер огоњ шуд. Аслан, сарбозон ва дастањои мусаллањ барои кашонидани силоњ ва озуќа дар саросари шањр мегаштанд ва Бендва ба онњо ањамияте намедод. Вале Бендва нохост бўи пулро њис кард. Бошитоб ба дари хазина расид. Хазинабон дарро руст мекард. Ба саволњои Бендва берабтона љавоб гуфт, ки супориши шоњро иљро кардааст. 
Бендва зуд ба назди дўсташ Рад шитофт.
Онњо бо як ишора њамдигарро фањмиданд.
Маслињат пухт.
Аллакай сари лашкари Норашнї аз деворњои шикастаи шањр ба дарун медаромад ва муњофизон хазинаи ќариб холиро партофта, ќисме ба муњофизати ќалъа рафтанд ва ќисми дигар барои наљоти аёлу фарзандон.
Дўстони дерин бо кину ѓазаби сохта назди хазинабон омаданд ва ўро хоин эълом намуда, калидњои хазинаро пурсиданд.
—Калидњоро бидењ!
—Чаро? Шуморо чї њаддест, ки бар хазинаи шоњ ќасд бикунед?
—Мо мењанпарастонем, барои мо ин рамзи шарафу давлатдорист!
—Ман њам мењанпарастам!
Хазинабон њам марди љасуре буд, шамшер баркашид, аммо танааш вазнину нољунбон буд. Ва куљо ў марди Бендваи тањамтан буд?
Як зарбаи шамшери ў шасти хазинабонро гардонд.
—Ба љонат рањм бикун…
—О-оњ…
Як дасти посбон аз китф људо шуда афтод, дами шамшери Бендва кисабаѓали ўро низ пора кард ва аз зербаѓали посбон зари зиёд рехт.
—Ин зар аз кучо гирифтї?
—Аз он љо, —ба хазина ишорат кард посбон.
Ин ба дўстони «мењанпараст» рўњи тоза бахшид. Дарро кушода ба Хазина даромада, њама љойро љустанд, пасмондањо дар як халта љой шуд, вале зари холис ва ашёњои филизии рўяш бо оби зарњал ороста хеле вазнин буданд.
Вай насиби Бендва гардид.
—Ман чї?—нолишомез арз кард Рад.
—Зару зевари маъбад дањ баробари ин аст. Бирав ва бемамониат бигир.
—Он љо мубадон њастанд.
—Бигўй, ки бо фармони шоњ онро барои пинњон кардан мебарї.
—Хуб. Ту дар берун маро муњофизат бикун.
—Ба чашм.
Ба њама пурсишњои Рад дар хусуси хазина ва ороишоти маъбад, ки ин навбат маќсади ѓорат карданашро пинњон намекард, касе љавобе надод. Чун чораи дигар наёфт, рамзњои ориёї, ки бо оби тилло кашида буданд ва он ќисмати мењробу миљмарњои эњтиётиро, ки аз симу нуќра рехта буданд, бардошт. Маќсади ў маълум буд, вале касе бо ў њарфе назад. Њар кадом мубади дар маъбад монда кору вазифаи онњо бузургтаре доштанд. Онњо бар он эътиќод доштанд, ки бо ниёиши пайвастаи худ на танњо маъбад, балки тамоми Аирйанам вайљањ ва кулли коинотро бегазанд нигоњ медоранд.
Фаќат баъди ин—баъди ѓорати дуздони беруна—девони Кахвареда ва дуздони дохили хонадон—Рад ва Бендва сипоњи Норашнї ба хазина омаданд. Аз сўхтор ва сарсонии мардум истифода бурда,љанговарони Норашнї бе ягон мушкилї бурљ-њо, дидбонгоњњо ва ровњоро гузашта ба кохи шоњ даромаданд.
Љангиёни љасур ба назди тахт расида, тарсону њайрон исто-данд. Норашнї расида омад ва пеш гузашт. Тахт ва тољи рўи онро дида, њайрон шуд. Духтараш Заррина андешаи падарро эњсос карда, гуфт:
—Сарзамини мо чандон хурд нест, вале чунин тољу тахт зарур аст.
—На. Њар зарра хоки сарзамини мо тољ аст, њар санги он тахт! Ин тахту  ин симу зар ва ин сангњои љилонок моли мо нест. Ба соњибаш насиб накард, пирўзї
наовард, ба мо низ насиб накунад ва пирўзї наоварад. Ризќи мо дар хазина аст. Дари хазинаро кушоед.
Норашнї ва Заррина ба хазина даромаданд. Вале дари љавоњиротро кушода дида, дуд аз димоѓашон баромад. Ва онро холї ёфтанд.
Духтар њайрон шуд:
—Њамаро бароварда пинњон кардаанд?
Вале Норашнї фањмид, ки асли кор чист.
—Хиёнат! Ин кори Девони Кахвареда аст!
Ин хабари шум зуд дар байни артешторони Норашнї овоза шуд.
—Девони Кахвареда хазинаро дуздидаанд!
Лашкар ба хонањои мардум зада даромада, дирњам, симу зар ва њарчи ёфтанд, бо худ гирифтанд. Вале ин барояшон кам буд, хонањои сарватмандон аллакай ѓорат шуда буданд. Бинобар ин, як гурўњ ба оташкадањо даромаданд,  то ки зару зевари онро ѓанимат гиранд. Онњо ќурбонигоњро шикастанд, зарфњои барои ќурбонї хидматкунандаро зада шикастанд ва зару зевар љустанд. Вале чизи кирої наёфтанд.
Вале ѓанимати ба даст афтода низ чандон кам набуд. Сарбозон љуволњои пур аз моли ќиматбањоро ба аспњо бор мекарданд, миёни аспњо зери бори вазнин хам мегашт. Ягон ваќт, дар ягон набард онњо соњиби ин ќадар бори зиёд нашуда буданд. Норашнї њар замон ба сўи биёбон менигарист. Чун дид, ки сарбозон соњиби ѓаниматњо шуданд, фармуд, ки зуд аз ќалъа бароянд.
Фурсат танг буд. Онњо тавонистанд, ки бо њуљуми барќвори барои бохтариён ѓайриинтизор ќариб бе хунрезї ба маќсад ноил шаванд. Теъдоди муњофизони ќалъа зиёд набуд, аксар бо пинњон кардани сарват ва аёлу фарзандон овора шуда, ќариб тамоман аз љанг даст кашиданд. Вале он чи Норашнї мехост, бе љанг њосил шуд. Дигар ба ў љанг зарурат надошт.  Холо муњимтар аз њама,  ин ѓаниматњоро фавран бароварда, ба манзили худ расонидан лозим буд.
 Аз љои паноњї, аз паси пуштаи баланд Арљосп манзараи љанги варљовандонро назора мекард. Ў Девони Кахваредаро мељуст ва дар дил дашном мекард.
—Девони песи људокардатан, куњритњо, чаро дер карданд?!
—Онњо њаргиз ба ваъда вафо намекунанд, —љавоб доданд ба шоњ..
Нохост назари Арљосп ба дуди аз дур намоён афтода, дилаш аз њароси номаълуме тањ кашид ва овозаш дупўста шуд:
—Ин дуд аз куљост?!
—Аз ќалъа аст,—гуфт ёвараш, ки чашмони тезбин дошт ва ин мањалро хуб медонист.
—Чаро? Чї хел? Он љо кист?
—Шояд Норашнї ба љои майдони љанг ба ќалъа даромад,—хабар дод ёвар.
—На! Ин хилофи ањди мост! Кўњрит!! Ин хиёнат аст!!
Вале аз ин дашномњо чї суд? Бурд њамон кард, ки пешдастї кард. Бо бањонаи дину имону кеши наву куњан чандин кас соњиби сарвати бемисл шуд. Њаминаш муњим аст. Арљосп њам чандон соддае набуд, ки инро нафањмад. Бинобар ин, ба ёвар фармуд:
—Обро сар дињед.
—Роњи мо банд мешавад.
—Роњи ќалъа бояд кушода бошад.
—Ба чашм.
Ёвар њамроњи як даста сарбозон ба сари рўд рањсипор шуд.
Аз саргањи љўйи сунъї оби рўдро кушоданд. Ва об чун сели дамон равон шуд.
Гулўи Арљосп ѓами нохостомада фишор дод. Ѓам аз ин бештар мешавад, ки ин ќадар зањмат кашида, њазорњо нафарро ќурбон карда, ба ќалъаи душман расиву дигарон пештар аз ту ворид шаванд? Арљосп бо алам ба сарбозон фармон дод:
—Њуљум ба ќалъа!
 Лашкариён, ки инро интизор буданд, њамоно ба сўи шањр асп тохтанд.
Оби нав сардодаи рўд пештар аз лашкар ба ќалъа расида ба љўйи муњофизатии шањр даромад. Арљосп дид, ки дарвозаи шањр кушода ва шикаста ва бе муњофизон мондааст, тавассути он бе душворї ба шањри ѓоратшуда даромад.

115. ХОТИМАИ КОРИ ТАВБАШИКАСТАГОН

Дар канори дигари ќалъа сипоњиёни Норашнї ѓаниматњои зиёдро дар халтањо бардошта аз ќаср баромадан гирифтанд. Норашнї низ баромад. Вале хабар расид, ки лашкари Арљосп аллакай ба дарвоза расидааст. Ин мулоќот оќибати хуб надошт. Бинобар ин Норашнї фармон дод:
—Дастаи пешрав Арљоспро пешвоз гиред, дигарон аз девори шикастаи ќалъа, аз љўйи беоб гузаред.
Зоњиран, дар миёни љангиёни Норашнї њам гурўњи начандон калони варљовандон буд, ки онњо бидуни пурсиши дигаре шамшерњоро ба даст гирифта, ба тарафи дарвоза рафтанд ва ба љанги лашкари пешрави Арљосп оѓоз кардаанд.
Ваќте ки љангиёни дигари Норашнї бо сарватњои ѓораткардаашон аз девори шикастаи шањр баромада, ба миёни рўди пањни камоб расиданд, оби сардодаи ёвари Арљосп мисли сели дамон омад ва аз лањзаи аввал бисёр сипоњиёни хунмасти ѓоратгари Норашниро ѓарќ намуд. Фаќат ба як ќисмашон муяссар шуд, ки аз об саломат гузарад. Гурўњи варљовандони Норашнї аз тањти дил мељангиданд, вале лашкари Арљосп хеле зиёд буд. Садои ба њам хўрдани шамшерњо аз наздик ба гўш мерасид. Њама њушёр шуданд.
Заррина бо алам пурсид:
—Падар, чї мебояд кард?
—Ин сарватро халос кардан зарур аст. Кўдакони гурусна, занон, модарон, духтарони мо интизори нон њастанд.
—Гурўњи варљовандон то дер муќобилат карда наметавонад.
  Норашнї ба об ишорат кард:
—Бо роњи об биравед. Мо шуморо нигањбонї мекунем.
Ин амр фавран иљро шуд. Сарбозон бо аспњо ба об даромадан гирифтанд. Азбаски њушёрона амал карданд, ин дафъа ќариб њама саломат гузаштанд. Вале лашкари Арљосп торафт зиёдтар ба ќалъа даромада ба онњо наздик мешуд. Бо фармони Норашнї Заррина њам аз об гузашт. Об торафт зиёд ва тез мешуд. Вай аллакай тамоми љўйи муњофизатиро пур карда, аз канорањои росту баланди вай  баромадан бо асп ѓайриимкон мегашт.
—Падар, зудтар гузар,—хоњиш кард Заррина.
—Бирав!—амр кард ба ў падар. –Ба  сўи биёбонњои бекарона бирав.
Норашнї дар як муддати хеле кўтоњ тамоми њаёти гузашта ва ояндаи ќавмашро ба ёд оварду ба худ гуфт:
—Аз ду якеро бояд баргузид: аз дуи мо яке бояд зинда монад. Барои ќавм њоло Заррина муњимтар аст.
Норашнї хидмати худро дар назди ќавм адо кард. То ин лањза имкони зинда мондан буд. Аммо афсўс, ки… 
Бо амри Арљосп сарбозони ў сари девор баромада, сарватдуздонро бо тири камон зада куштан гирифтанд.
—Он дўшизаро занед, вай сари душман аст!—амр кард сипањсолор.
Сарбозон Зарринаро ба нишон гирифтанд. Чанд тир ба сўи ў парид, вале духтари љангдида худро зери сипар паноњ кард. Боз лањзае мегузашт, дигар халосї ёфтанаш амри мањол буд. Духтар аз об гузашта, ба соњил расид. Зудтар бояд аз он љо фирор мекард. Вале ў падарашро интизор буд. Аз паси сипар лањзае сар бароварда падарро љуст ва њоли ўро дида, њуш аз сараш рафт, лањзае замину замон пеши чашмаш тору зулмот гашт,  фиѓон кард:
—Падар!!!
Норашнї бар сари дањ-понздањ сарбози Арљосп, ки духтарашро ба нишон гирифта буданд, асп тохта дар як он чандеро бо шамшер ќалам кард. Аммо ќуввањо нобаробар буданд ва пањлавони яккатози собиќи имрўз пиргашта пас аз чанде њис намуд, ки неруи дасту дилаш кам мешавад. Вале боз пас аз чанд лањзаи дигар ў дигар ягон дардро эњсос намекард. Ба дуродур, ба љое, ки духтараш «падар!» -гўён фиѓон мекард, назар кард. Вале дигар сухани ўро њам нашунид. Аз зери камараш њуни ѓафси сиёњранг љорї шуд. Ў бори охирин ба тарафт духтараш даст афшонд ва охирин ќувваи худро љамъ карда, худро аз болои девори шањр сарозер ба об партофт.
Сатават бо зўрї аспи Зарринаро кашола карда бурд. Фарзанд сари мурдаи падар  ноилољу хомўш монд. Аз њама тараф борони тир меборид. Ашк дар чашмони сиёњи зебояш пайдо шуд, вале њамон љо наќш басту аз дидагонаш нарехт.
Суханњои Зардушт ёдаш омад, ки гуфта буд:
—Њар киро, ки пиндори бад ва омўзгори бад рањнамост, ўро фарљом бад аст…
Зарина бо њамроњони боќимондааш сўи биёбон асп давонд.
Дар он љо касе бо онњо баробар шуда наметавонад.
Заррина кори падарро идома дод ва ин ќавми сакої то дер бо корномањои худ дар кулли Ориёно маъруф буд.
Лашкари Арљосп хазинаву маъбадро ѓоратшуда ва холї аз заару зевар дида, бо тамоми вањшат ба сари мардумон тохтанд. Касе ки пеш меомад, куштан гирифтанд.
Лўњроспи пир њам ваќти ибодат кушта шуд.
Занњо кушта шуданд.
Кўдакон кушта шуданд.
Љанги байни Эрону Тўрон яке аз шадидтарин ва тўлонитарин набардњоест, ки дар тўли њазорсолањо тору пуди њастии ин халќиятњои ориёинажоди њамќавму њамзабону њамќисматро фаро гирифт. Таърихи башарият ин гуна набарди шадид, тўлонї ва пурњаводиси халќияти дигареро ёд надорад, ки њам дар либоси асотиру ривоят ва њам дар раванди воќеияти таърихии дар тўли њазорсолањо борњо хомўш гаштаву аз нав аланга  гирифта фарљоми нињоии худро наёфта бошад. Ин талошу зиддиятњои оштинопазир ќаблан аз љанбањои асотирї ибтидо ёфта, чун ихтилофи шадиди миёни рўшної ва зулмат, некию бадї ва Њурмузду Ањриман, чун ду ангезаи бо њам душман ба зуњур омада, дар «Готњо», «Яштњо», «Видевдот» ва дигар ќисматњои минбаъдаи Авесто бо мурури љараён ёфтани воќеањо  моњияти нимтаърихї ва таърихї касб намуд.
Аша Зардушт пайваста Мантра бархонд.
Ба њар бањона мубадони дигар низ маъбадро тарк карданд.
Дар маъбади бузург Зардушт танњо монд.

116. ФАРЉОМИ КОРИ
МАРДУМИЗОДАГОНИ ДЕВСОР

Ду дўстии дерин, ду вазири хиёнатпеша Рад ва Бендва ба нињонхонањои ќасри шоњ даромаданд, то ваъдаи ба Арљосп ва Норашнї додаашонро иљро кунанд. Вале њарчанд љустанд, на роњи рафтаи онњоро пайдо карданд, на донистанд, ки бо онњо чї шуд. Ањли хонадони шоњ, малика Њутаоса ва духтаронаш бо зављањову духтарони вазирон бо роњи нињонї аз ќалъа баромада, дар кўњи рўбарўи ќалъа пинњон шуданд. Пуручиста ва Френи њам бо онњо рафтаанд.
—Фирор кардаанд, —ба хулоса омад Рад.
—Моро њам дар ин љо дигар коре нест, —афзуд Бендва.
—Фаќат ба назди Норашнї не. Ин њадя барои ў аз њад гарон аст.
—Ман њам дар чунин андешаам.
—Ман љои нињонї дорам.
—Ман роњи нињонї дорам.
—Меравем.
—Њарки моли худро мегирад.
—Бале. Моли маъбад аз ту…
—Хеле камтар аст аз он чи мехостам.
—Кофист. Зари ту дар нињонхона зиёд аст.
Аз чї бошад, зимни ин суханњои оддї дар дилашон боди сард вазид. Њар кадом гумон кард, ки ба ѓанимати бештаре сазовор аст ва суханони њамдигарро пастзанї пиндошта, ба њам душмани љонї шуданд.
—Бошад…
Анбони пур аз зару зевари маъбадро Рад гирифт, он чи аз хазина бозмонда буд, ба дасти Бендва гузашт ва њарду чун муш аз паскўчањо ва сўрохњои байни деворњои ќадима бо роњи наздиктарин зуд ба гўшаи дигари шањр расиданд.
Дар атрофи онњо љанги шадид идома дошт, чандин занњои мардсифат шамшер мезаданд, камон дар даст ба сари душманон тир мебориданд, оташи сўзон, равѓани доѓ ва оби љўшон мерехтанд. Аммо ќуввањо нобаробар буданд ва дастаи муњофизон торафт кам монданд. Лашкари гарони Кайвиштосп хеле дур аз ќалъа шањди ѓалабаи дурўѓини худро чашида, даст ба куштору оташзании дењоти Тўрон зада буд. Онњо роњати тамом доштанд, бехабар аз он ки хонаву дар ва зану фарзандони худи онњо дар оташ месўзанд.
Рад  ба Бендва майдончаи холиро нишон дод:
—Дар он тарафи майдон дар девор сўрохи тангест. Аз он љо меравем.
Ин њамон сўрохе буд, ки Рад чанд муддат пеш, њангоми ошкор шудани сирри кори хеш бо бонуи як сарватманд аз он берун шуда, худро ба љўй афканда, аз таъќиби сарбозон ва шармандашавї рањо ёфта буд.
Бендва ба шубња афтод:
—Бењтар он аст, ки аз болои девор гузарем.
—Чашмњо зиёданд.
—Бошад…
Барои Бендваи пурзўр гузаштани ин майдон мушкилие надошт. Рад низ ба ќувваи худ боварї дошт. Ва онњо бошитоб майдонро убур карданд.  Панљ, дањ, бист, панљоњ ќадам ба зудї сипарї шуд.
—Ана он сўрохї! Шитоб кун!—хитоб кард Рад.
Аз дур сўрохии наљотбахши девор намудор шуд. Аз он нуре меомад ва њарду дўстро ба худ мекашид. Бендва, ки дар зери бори гарони зари хазина монда араќ пахш карда буд ва аз њароси сарнавишти номуайян андаке меларзид, хаставу нороњат шуда буд, каме ќафо монд.
Рад ба ў дод зад:
—Ба ин тараф! Бишитоб!
Бендва љавоб надод. Рад даст афшонду ќадаммониашро зудтар кард. Ана, боз чанд њаллоси дигар ва ў ба сўрохии ормонї мерасад. Онњо аз ин шањри љангзада дур мераванд ва њаёти хуррамонаро давом медињанд, худ шоњу табъашон вазир мешавад. Вале… Ради балои њамеша комёб ва аз мушкилтарин мушкилот ба осонї гузаранда ба ин маќсади хеле оддии худ –тай кардани чанд ќадам роњ нарасид: яке аз занњо, ки дар болои девори ќаср бо душман мељангид, тире ба сўи онњо парронд. Тир ба синаи Заут расид.
—Оњ, лаънатї! —фиѓон бардошт Заут ва ба хок афтод. —Ман вазирам!
Бендва ќариб ба љуссаи ногањон афтодаи ў пешпо мехўрд, вале сари ваќт чапѓалат дода, ўро гузашт ва роњашро давом дод.
—Бархез, дев! Ёфтї љои афтоданатро!
 Рад илтиљо кард:
—Маро тир заданд.
—Тири адолат…
Маълум набуд, ки Бендва њазл мекунад, ё љиддї мегўяд.
—Бендва, маро напарто… Бендва! Бендва…
Фурсати андешаи зиёд набуд. Ва Бендва аз назди ў босуръат дур шуда гуфт:
—Ин имкон надорад.
—Захми ман марговар нест…
—Ин тири ќазо. Ба сарнавишт тан мебояд дод.
—Нисфи ин зар њам аз они ту мешавад.
Ин сухан нохост Бендваро њушёр кард.
—Чаро нисфаш?
Ду-се бор љањида, ќафо баргашт ва бар сари Рад омад. Ба оњу нола ва чашмони илтиљоомези ў ањамияте надода, даст ба  анбони ў бурда кашид.
—Не! Ин насибаи ман аст!— дандонњояшро хоида дод зад Рад.
—Сар дењ! Ба ту дигар фоида надорад.
—Не! Маро њам бар. Нисфи зарамро ба ту медињам.
—Њамаашро мегирам. Ту тамом шудї. Сар дењ!
—Не! Дузд! Палид!
Рад бо тамоми ќувва онро мањкам дошт, гўё љои љонаш дар он анбон буд, аз зўрии дарди даст тамоми рагу пайи андомаш барљаст, вале онро сар надод. Бо ин њол Бендва ўро тахминан дањ ќадам кашола кард. Агар боз бист ќадами дигар мебурд, њарду ба сўрохи рањобахш мерасиданд. Вале ин ба дўсти дерин писанд наомад ва акинаки худро аз камар гирифта ба дили Рад зад. Хун аз дањони дўсташ фаввора зад, вале дасташ аз анбон људо нашуд, њоло њам лабонаш љунбида гўё илтиљо мекард:
—Нарас. Нарас. Не…Не… Не…
Бендва љасади дўсташро боз чанд ќадам кашола кард ва оќибат мурдакашї ба дилаш заду бо шамшер дастони Радро аз банди дасташ бурид. Анбон аз љуссаи пурхуну вазнини Рад халос шуд. Бендва халтаро озод бардошта ба китфаш гузошт, вале ба гарданаш як чизи сарду ѓашоваре расид, ки ба мор ё каждум монанд буд. Осемасар анбонро аз гардан ба замин партофт. Дид, ки он чизи сарди манфур ангуштони Заут ва нохунњои дарози вай буданд, ки анбонро сўрох кардаву ба он часпида мондааст.
Бендва аз ин фоли бад гирифт ва тарсе дар дилаш пайдо шуд. Аз наздикињо ба гўшаш овозњои мардумон расид. Шитобид, њарду анбонро кашола карда, сўи сўрохї тохт.
Лашкари Норашнї ба ѓорати маъбаду хонањои мардум шурўъ кард.
Бендва ба сўрохии ноаёни девор расид, то  ки чун муш ноаён аз шањр барояд. Бо шитоб аввал халтањоро аз сўрохї ба поён партофт. Сипас худашро дар он љой кард. То миён даромад, миёнаш дармонд. Бо акинак деворро зад, ва чун зўре зад, девори куњнаи хокшуда фурў рафта, сўрохї кушодтар шуд. Хурсандона ба сўрох даромад, вале њамоно дар љояш шах шуда монд —тири камон —тири ќазо ба ў низ расид. Бендва, ки аз ѓурур ва зўрии худ  осмонро дарронда, ба гардани Ањриману Ањуромаздо банд зада, ба гардунаи худ бастанї буд, аз тири камони як зани оддї дар кори худ дармонд. Оњ кашида афтод ва мисли Рад ба тарафи анбони тилло даст дароз кард. Нолиши ў аз дил баромад, зеро ки дасташ ба халтањои зар нарасид. 
Зане, ки барои муњофизати бачањои бепаноњмондаи мањалла аз болои девори ќалъа тирандозї мекард, Бендваро шинохт. Пеш омад. Дар назари чашмони аз њаракат мондаи Бендва замину осмон чарх зад, симои зани камонбадаст низ. Бендва охирин ќувваи худро љамъ карда, ба зан назар кард ва дар тааљљуб монд. Ё дар назари ў чунин намуд, ё дар асл чунон буд, ў њамон Чечаст-ишќи нокоми худро дид, ки барои ба даст овардани дасту дили ў чї зулму дањшате ба сари ин дўшизаи љасур ва ањли оилааш овард. Ва њоло Чечаст дар пеши ўсту Бендваи дарёдаркаш ќуввате надорад њаракате кунад ва њатто наметавонад аќаллан сухане гўяд. Як гўшаи нигоњаш њамоно ба халтаи зар банд буд ва нињоят, фикри дурусте дар сари бемаѓзи ў пайдо шуд:
—Афсўс, ки ин љањон маънї надорад: на бар муњаббати ин дўшиза, Чечасти соњибљамол сазовор шудам, на ба заре, ки бо њазор азоб ба даст овардам. Падари Чечастро куштам, вале дасту домани духтар ба ман нарасид; дўсти деринаам Радрпо куштам, вале дасти ман ба анбони зари ў намерасад. Пас барои чї ин ќадар талош кардам, љанг љустам, ханљар задам, шамшер кашидам, чаро њамчун муш симу зарро дар ѓорњову маѓокњо пинњон кардам? Чаро? Ба чї хотир? Дунё вафо надорад. Дунё маъно надорад…
 
117. АРМОНИ СУВРВА

Дар Њиндустон ба Суврва њама чиз писанд буд, дигар Кахваредаро фаромўш кард, вале дар водии Синд љои худро намеёфт, ба ќавле «дасташ мехорид». Косибї ва кўзагарї аз дасташ намеомад. Ў аз љумлаи он ориёињо буд, ки мењнати шудра—ѓуломонро  намепарастиданд, аз хизмати дигарон истифода намебурданд, худашон бевосита дар замин кор мекарданд. Галадорї касби дўстдоштаи ориёињо буд, саноати дастї, филизкорї, дуредгарї, сангтарошї, даббоѓї, сабадбофї, наќќошї, кўзагарон, моњигирон, шикорчиён, доманчасозон, ќассобон, дарёнавардон  маќоми махсус доштанд.
 Њамон тољирони ўро аз Кахвареда оварда ба имдодаш расиданд. Онњо пешнињод карданд, ки њамроњашон  дар сафарњо тавассути киштї иштирок бикунад. Онњо муњофизи хубро гум кардан намехостанд.
Дарёнавардї барои ў бењтарин коре шуд. Танњо дар бањри кушод, рў ба рў бо хатари воќеї ва тасаввурї ў худро ба даст гирифта, тамоми неруяшро кор фармуда одами аз њама зарурї шуд. Дили Суврва њаминро мехост.
Аввал дар бањрњои кушод њама љоро фарои об дида худро гум мекард, вале ба ў фањмонданд, ки роњнамо осмон аст: зимни дарёнавардї нохудои киштї хурўси бузурги њафтгонаро аз тарафи рост бинад, ба тарафи ѓарб мерафт, аз тарафи чап бинад, ба тарафи шарќ рањсипор мешуд.  Онњо, ки аслан финикийї буданд, дар тамоми бањри Мадитарона киштиронї ва тиљорат мекарданд. Инњисори зарфњои шишагиро дар ихтиёр доштанд, ранг карданро бо истифода аз молюскњои хурди бањрї, ки аксаран ба даруни гўшмоњї мешаванд, ёд гирифта буданд. Аз Њинд ба дигар љойњо атр, адвияљот, пахта, њарир, порчањои нозук, марворид, ёќут мебурданд.
Њарчанд ки дар байни њамкорону њамсафони Суврва њазорњо, дањ њазорњо ориёињо буданд ва онњо худро як љузъи кўчаки Ориёву Њинди ягона мењисобиданд, љавонмардону духтарони ориёї бо њиндуњо ва њиндуњо бо ориёињо омезиш ёфта, оилањои мустањкаме барпо мекарданд, дар як гўшаи дили Суврва нияти бозгашт ба Ориёно љой дошт. Аммо як рўзи шум дар як шањри бандарї шунид, ки њамќавмони кахваредии ў ва турониён ба Балх њуљум карда чира шудаанд. Ошуфта шуд, ки ин ќавми ориёии покро чї шудааст? Аз шунидани хабари љанги нави байнихудии ориёињо сахт андўњгин гашт. Баъди фањмидани он, ки фарзанди Виштосп Исфандиёр бар турониён пирўз ва аксари девони Кахвареда кушта шудаанд, гўё тире ба дилаш зада бошанд, аз њама чиз дасту дилаш хунук шуд. Чунон андўње фарош гирифт, ки гўё аз киштї ба бањраш партофта бошанд. Охирин умед канда шуд. Њамин дам писарчааш Роља  дар даст љавзи њиндї давида омад:
—Мами! Папї! Ман баргаштам!
Писарча аз мактаб омад.
Модари бинипањмакаш Гита домани сари-пироњани аз сари китф партофтаашро бо як даст дошта, гўшворањои мисинашро алвонљ дода тозон рафт ва Раљаи зардинаи сурхмўйро ба оѓўш кашид.
Суврваи бузургљусса вазнинона пеш омад ва Рољаву модарашро якљоя бардошта ба оѓўшаш зер кард. Ва лањзае њама дарду доѓ, мењани собиќ, туирйа, аирйа, Кахвареда, њамаро фаромўш намуд. Рољачаи хурдакаке, ки нима ба ў монанд буду нима ба модараш Гита, њоло ба ў бањои њарду љањони менуиву гетї, ба љои падару бародар буд. Гита бўйи модару хоњар мекунад. Ва Суврва медонад, ки танњо њамин ду нафар ба ў хиёнат намекунанд, њамин ду нафар мутааллиќи ўянд ва ў њам мањз ба њамин ду нафар даркор аст. Њама зиндагї барои онњост.
—Гетї чї зебост, гетї чї пурмаъност!
Аз хусуси љанги Турону Эрон Суврва ба фарзандон чизе нагуфт, ки њамќавмони ўро вањшї наноманд. Ва нияти бозгашт ба мењан аз дили ў оњиста-оњиста дур гашт. Оњиста—оњиста Суврва фаромўш кард, ки ў аз ќавми ориёист, фаромўш кард, ки асли дини ведої боварии ўст, фаромўш кард, ки замоне аз шунидани упанишадњо ба ларза меомад.
Ў яке аз њиндуориёињои муќаррарии некдил шуд.
Шояд аз рањи муњаббат бошад, ки њиндудухтар Гита ба ў дувоздањ писару духтар њадя кард. Нисфи онњо комилан ба Суврва монанд шуданду нисфашон ба Гита. Ва боз 12 бор Гитову Суврваро хушбахт намуданд, ки њар кадом солњо ба ин хонадон ба таври худ бо хандаву шўњињои худ, шодї меоварданд. Ана њамин тавр, халќияти бузурги Њиндуориёї дар шодиву ѓам, шодкомиву нокомињо ташаккул меёфт.
 Фарзандони ў албатта медонистанд, ки падар аз Ориёнои бузург омадааст. Вале дигар ориё барояшон мисли афсона менамуд. Онњо ба забони наве њарф мезаданд, ки ќисман дравидї буд, ќисман ориёї. Бинобар ин, њар ориёизодае, ки замоне гузораш ба Њинд афтад, аз шунидани лафзи модарї, аз мусиќии ба дил наздик ва аз чењрањои гарми мардуми он ба њаяљони нофањмое меояд. Сабаб њамоно ягонагии аслии вуљуди ќавмњои њиндуориёист, ки оѓози онро севуним њазор сол пеш ниёгони мо гузошта буданд.

118. РЎЪЁИ ОХИРИНИ ЗАРДУШТ

Дар маъбади бузург Зардушт танњо монд.
Ва Зардушти дар маъбад танњо монда, аз Офаридгор бахшиши гуноњи одамонро хостор шуд:
—Ай офаридгори яктои љањони њастманд, мардумонро бубахш, ки дар гирдоби кашокашињои рўзгор ва њавасњои ношоиста дармондаанд ва худои худро нашинохтанд. Бубахш мардумонро ва бубахшой маро, ки гуфтањои туро ба мардумон омўхта натавонистам. Шафќате бикун ва омўзгори нав бифирист, рањонандаи нав бифирист, пайѓомбари нав бифирист, то мардумон ѓарќа дар пиндори зишту гуфтори зишту кирдори зишти худ ин љањону љањониёнро нобуд  накунанд!
Йата ању ваирйа…
Ай офаридгори яктои њастї, гуноњи моро бубахшой, натавонистем, ки асли хосторњои туро дар дилњо љой кунем; гуноњи њамкасони маро гуноњи ориёињои маро бубахшой, ки асли маќсади туро нафањмиданд ва натавонистанд, ки пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори некро дар дили худ, тамоми њастии худ љой дињанд. Вале бар ман бигўй, ин чї сиррест, ки наметавонам аз дили онњо батамом кудурат, кину ѓазаб ва расвоиро барандозам?
Мантраи хондаи ў ба гўши Худованд намерасид.
Инро худаш ба хубї дарк мекард: беадолатињои тарафайн, дуди оташ, хуну зардоби дили мардумони кушташуда, рањи доди эзадиро бастанд.
Вале Зардушт рўњафтода нашуда, ба худованд мурољиат кардан гирифт. Аз муќаддасоти илоњї беш аз њама ба дониши маздоофарида ихлос дошт ва онро ситоиш кард:
—Росттарин дониши маздоофаридаи ашаванро меситоем, ки моро ба роњи нек рањнамун шавад ва ба гузаргоњи нек барад ва он чи моро орзуст ба мо бахшад.
Дониши маздоофаридаро меситоем, ки зауркунанда, ашаван, њунарманд, номдор, тундкирдор, тезкуниш, расонанда ба саранљоми нек ва бахшандаи кушоиши нек—дини маздоист.
Эй росттарин дониши маздоофаридаи ашаван!
Агар ту пеш аз ман меравї, чашм ба роњи ман бимон.
Агар ту аз пайи ман меої, бо ман бипайванд.
Бишавад, ки оштї бањраи мо шавад, чунон, ки роњњоро поёне хуш аст;
дар кўњњо гузаргоњњои хуб тавон ёфт;
аз љангалњо осон тавон гузашт
ва рўдњои новтокро ба хушї тавон паймуд.
Подошу овоза ва ниёишу тавоної аз они мо бод! 
Аша Зардушт њама донишњои омўхта ва омўзонидаашро ба ёд овард, то сирри ин аљзу нотавониро дарёбад. Суроби хираи кажињо ва нодурустињо, зоњирпарастињои мардумон пеши назараш омаданд.
Аша Зардушт ба Аши –ќонуни Ростии љовидона ва адолати њастї мурољиат кард:
—Ашии нек, шањриёри бузургвории бурзманди хубсутударо меситоем, ки чархњои гардунааш хурўшон аст, ки неруманд, подошбахш, дармонгар, бисёр њушманд  ва тавоност.
Эй Ашии нек! Эй Ашии зебо! Эй Ашии дурахшон! 
Эй он, ки бо фурўѓи хеш шодмонї афшонї!
Эй Аши! Эй он, ки мардони њамроњи хешро фарри нек бахшї!
Мардоне, ки ту ёварашон бошї, дар кишваре бо хўрокњои фаровон фармонравої кунанд, он љо ки харбор анбошта, бўйњои хуш баромада, бистарњо густурда ва дигар дороињои гаронбањо фароњам омадааст.
Ба ростї, хушо рўзгори касе, ки ту ёвараш бошї!
Њамчунин ёвари ман бошї, эй пурдањиш! Эй неруманд!
Чи њангом худой ба сўи мо ояд?
Чї њангом ў аз ман шодмон  шавад?
Аз байни ѓубори ѓафси дуду оташ ба назари ў Аши падид омад
Ва аз пеши назари Аша Зардушт тамоми таърих падид омад.
Њар кадом фурўза ва шахсияте, ки буд, аз дили ў ва аз сари ў гузаштанд, нидое аз худ доданд ва њастии худ ва њастии таърихии башарро бори дигар собит намуданд.
Зарвон—замони бекарона падид омад. Ў биофарид Ањура Маздоро.
Фуруњари Ањура Маздо бо бўи хуши гулшану рангњои зебои бањорї падид омад. Ва Аша Зардушт офаридањои ўро ёд овард:
Ањуро Маздо замину осмонро офарид.
Нахусткишвари ниёгони мо—Ориёнвайљро офарид.
Ањурамаздо њайвони нахустин— говро офарид,
Аз рўшанї ва сабзии осмон нутфаи мардумон ва говонро офарид. Ин ду нутфаро, ки оташтухмаанд, на обтухма, дар тани Гову Каюмарс бидод, то афзоиш ёфтани мардумон ва гўсфандон аз он бувад.
Нахустбашар—Каюмарсро офарид. Вай Каюмарсу говро аз замин офарид.
Ва чун Каюмарсро беморї баромад, бар дасти чап афтод. Аз сар сурб, аз хун арзиз, аз маѓз сим, аз пой оњан, аз устухон рўй (алюминий), аз пия обгуна, аз бозу пўлод, аз љони рафтанї зар падид омад.
Чун Каюмарс даргузашт, нутфаи ў ба замин омад.
Он тухмаро ба рўшании Хуршед биполуданд ва ду бањри онро Наривсингњ нигоњ дошт ва бањреро Спиндормаз пазируфт. Чињил сол он тухма дар замин буд. Бо ба сар расидани чињил сол рибостани дусоќа —Маши ва Машиёна аз замин рустанд. Миёни њарду равон-рўњ бар омад.
Ашу Зардушт бори дигар таваљљўњ намуд, ки тухмаи одамї аз ОСМОН аст, оташгуна аст, ба рисолату манзалати баланди инсон эътимоди ќавї њосил кард.
Маши ва Машиёна нахустин љомаи пўстин пўшиданд. Сипас аз мўй нах ришта љома бофта пўшиданд. Дар замин оташдоне канданд, оњанро дар он гудохтанд. Бо санг оњанро зада аз он теѓе бисохтанд. Бо он дарахт буриданд ва косаи чўбин сохтанд. Аз он носипосї, ки карданд, девон ќавитар гардиданд. Бо васвасаи Ањриман Маши ва Машиёна худ ба худ аз якдигар рашк карда, ба њамдигар дарафтоданд, њамдигарро заданд ва мўй канданд.
Нахустин фарзандони худро Маши ва Машиёна аз муњаббати зиёд хўрданд.
Шаш љуфт нару мода аз онњо падид омад. Бародар хоњарро ба занї њамегирифт. Онњо бо Маши ва Машиёна њафт љуфт шуданд. Аз он шаш љуфт яке Сиёмак ном мард ва зан Вашог буд. Аз эшон љуфте зода шуд, ки мард Фаравок ва зан Фаравоки ном буд. Аз Фаравок ва Фаравоки 15 љуфт зода шуд, нўњ љуфташон бар пушти гови Сарисваг аз болои дарёи Фарохкард ба шаш кишвари дигар гузаштанд ва дар он љо нишастан карданд.
Шаш љуфт дар Хванирас монданд. Аз он шаш љуфт љуфти Тоз ва Тозак буданд, ки дар баъзе устурањо Тољ ва Тољак ном бурдаанд. Онон ба дашти Тозиён рафтанд.  Эрониён аз љуфти мард Њушанг ва зан Гузак падид омадаанд. Њамаи онон, ки дар кишварњои Эрон ва анирон—ѓайриэронанд, њама аз пайванди Фаравок, фарзанди Маши ва Машиёна њастанд.
Нахустбашар, ки ўро «Гилшоњ» мегуфтанд, яъне бар замини холї аз одам шоњ буд, падид омад. Ўро Ањриман бикушт.
Њушанг,  нахустин шоњи Ориёї пеш омад.
Ўро писари Фаравок, писари Сиёмак, писари Маши, писари Каюмарс гуфтаанд, ки  эрониён аз пушти Њушанг мебошанд.
Њушанг хонањои хуб фароњам овард, аз марги падараш, ки девњо кушта буданд, ќасос гирифт. Оњан аз санг истихрољ кард, оташро ихтироъ карда бо он девњоро ронд, рўзи кашфи оташ љашни Садаро асос гузошт, ба мардум пўшок дўхтан омўхт. Фуруњар ба ў низ будааст. Дорои унвони Паразот—нахустин танзимкунандаи ќонун будааст. Ў деви девонро маљбур кард, ки ба ў њафт хел хатро, багуфтаи дигар, 30 навъи хатњои порсиву румиву чиниву њиндиву пањлавиро нишон дињад.
Сипас Љамшед падид омад, ки дар даврони ў одамон њама пурзўр шуданд, зиндагї хушу гуворо шуд ва одамон афзоиши зиёд карданд, ки замин тангї кард ва ў бо ёрии Худованд се маротиба заминро васеъ кард, ваќти сармову обхезї вари бузурге сохта мардумон ва љонварон ва гиёњонро аз нестї наљот дод..
Афросиёб низ пайдо шуд ва гуфт:
—Девонро саркўб кунед, нагузоред, ки бар мардумон чира шаванд ва он кину адоватеро, ки девон дар дили мо андохтанд, дигар такрор накунед..
Сиёвуш падид омад ва гуфт:
—Одамиро тарбият кунед ба хулќу рафтори одамї, вагарна ўро аз гуноњњои зишт ва кайфари бад халосї нест.
Афросиёб Сиёвушро кушт.
Кайхусрав падид омад, Афросиёбро кушт, сипас њамаро оштї дод, њамаро як кард.
Луњросп тахтнишин шуд ва барои пешгирии кину адоват пойтахти худро ба љои њоло нообод – Балх кўчонд.
Вале Арљосп падид омад ва аз фурсат истифода бурда, боз људої андохт.
Љанги Арљосп бо Виштосп оѓоз шуд.
Ва боз њама љањон бо дуду оташи ќасру манзилњо ва хуну зардоби дили одамон омехта, фасод гардид.
Шоњон арз мекунанд:
—Њама умед бар шумост.
—Сањве, ки мо кардем, шумо накунед…
—Девњо, девњои кина, хашм, оз, андешаи бадро аз тани худ, аз дили худ, аз сари худ дур кунед.
Яке аз шањон гуфт:
—Замоне Ањура Маздо бар Ањрмиман чира шуд ва муддате Ањриман натавонист бар зидди Ањура Маздо рўёрўй дар набард шавад, дар об фурў рафт ва пас аз чандин муддат роњи дигарро пеш гирифт —ба дили мардумон љой шуд ва мубориза бо эзадон шакли набарди ноаёнро касб кард.
Камоладевон  Акамана, Индра, Саврва, Нонгњаитийа, Ногњис, Тармаити, Таурви, Заирич пеш омаданд.
Зардушт барошуфт ва гуфт:
—Инкор мекунам девонро! Эй Ањура Маздо! Эй спандтарин мену! Эй додори љањони астуманд! Эй ашаван! Мадад бикун, ки девонро биронам…
Њама нолиш карданд ва  шиква намуданд:
-Мо њама аз Даврони њастї ронда шудем, њамќавмони ту дигар моро гунањгор накунанд, њар бадие њаст, дар нињоди худи мардумон аст.
Ва дар пеши назари Аша  Зардушт камоладевон—Акамана-андешаи бад, Индраи бисёршаробхора, Саврваи њарзаю бекорї, Нонгњаитйа ва Ногњиси нохушнудиву хирасарї, Тармаитии кўчаксози андеша,  Таурвии ташнагї ва Заиричи гуруснагї  афтода, пора-пора шуданд.
Сипас девњои кўчак Араск, Азї, Аждањок, Акаташа, Ашмуѓ, Бушосп ва дигарон пеш омаданд
Аша Зардушт накўњиши зидди девонро бархонд:
—Ман икор мекунам девонро! Эй Ањура Маздо! Эй спандтарин мену! Эй додори љањони астуманд! Эй ашаван! Мадад бикун, ки девонро биронам…
Ва ин девон гиристанд ва даъво карданд:
—Мо њама аз Даврони њастї ронда шудем, бигузор њамќавмони ту дигар моро гунањгор накунанд, аз ин пас њар бадие њаст, аз бадии худи мардумон аст.
Ва девони кўчак афтода, пора-пора шуданд.
Аша Зардушт як лањза ноумед шуд ва њамоно пеши назараш Ањриман падид омад. Чењраи гањ аёну гањ ноаёни пур аз кажживу костї, тани ў њамчунон пургазанд, ки гўї, њар бозу ва њар ангушти ў хорбунњо, силоњњои мудњиши кушанда ва сўзонанда буд. Вале дар ин рўъё Ањриман намехандид, нола мекард. Аммо Зардушт ба нолаи ў бовар накард, тан ба шак надод ва бо ситеза бар ў гуфт:
—Ин њама љангу фитна аз кирдори ту ва девони бадкирдори туст!? Бирав ба ќаъри дужангња ба Апохтар ва њамќавмони маро осуда гузор! Дур шав, эй палид ва зиштнињод ва пургазанд, аз пиндори мардумон!
Ањримани зиштнињоди пургазанд пеш омад ва чунин гуфт:
—Эй мардумизода! Бидон, ки њамаи изадон бо њам натавонистанд бо хости ман биситезанд ва маро аз пањнаи офариниш биронанд, аммо ту, Зардушти мардумизода ба танњої бо хости ман ситезидї ва бо омўзишњои худ маро аз даврони њастї бирондї. Ва мардум маро фаромўш карданд!
Аша Зардушт ба ў бовар накард ва боз нафрин хонд.
—Ин њама аз дасисањои ту ва девони ту аст!
—На. Ман худ ољизам дар назди мардумизодагон, ки маро фаромўш кардаанд. Ман худ дар ситезам бо мардумон, ки худ бадињо ва зиштињо кунанд ва ба номи ман нисбат дињанд ва аз номи ман рафтор кунанд!  Ман аз мардумон дар ситезам, ки маро ронданд, вале худ кори маро идома њамедињанд.
—Кистанд онон?
— Ёд ор ќавмњои Кахвареда, ки аз заношўии деви Хашм бо Манушак—хоњари Манучењр падид омаданд!
—На. Девзодагони Кахвареда кори ифлоси худро карданд, вале ин дафъа ба маъбад наздик нашуданд. Ва гуфтанд: мо он ќадар деве нестем, ки хонаи худоро ѓорат кунем… Вале одамизодагони дар зоњир маздоясноро ќабулкарда маъбади худро ба бањонаи пинњон кардани љавоњирот дуздиданд. Ва одамон боз худ дев шуданд ва кори девон карданд.
—Ба ёд ор, ки ќавми Кайада, девони Вийамбура ва дигар мардумизодагон чї корњои зиште мекунад ва он коре ки девони ман мекунанд, дар пеши сарварони мардумон њељ аст.
Аша Зардушт тан надод ва бар Ањриман бонг зад:
—Эй Ањримани табањкор! Ман туро аз оташу хоку сутуру гиёњу ашванмард ва ашаванзан, аз ситорагон ва Моњу Хуршеду фурўѓи беоѓоз ва аз њамаи офаридагони неки Маздо–зодагони Спандмену дур меронам. Номи ту гум бод, ки њар ки аз мардумизодагон амали нопоки хешро бо номи ту рўпўш мекунанд!
 Ва Ањримани пургазанди зиштнињод дар назари Зардушт пора- пора шуд ва дар байни дуду оташ нопадид гашт.
Аша Зардушт дигар ба чизе умед надошт, дигар худро дар ин олами њастї як каси нолозим дарёфт.
Дигар дари Худовандро њам ба рўяш баста дид.
Узр пурсид:
—Маро бубахшой, ки натавонистам омўзишњои неки туро дар дили мардумон љой дињам.
Вале банохост, пардаи дуди сиёњ ва шўълањои баланди оташ дарид ва аз баландии осмон нуре таљаллї ёфт ва аз байни он нур фуруњари Ањура Маздо падид омад. Ва нидои зарифе дар тамоми гетї садо дод:
—Нола макун, Аша Зардушт. Ман туро фиристодам, ки бани башарро аз ин таълимот биогоњонї: Њумат, Њухт, Њваршта.Ту ин корро иљро кардї. Ту ба мардумон омўзондї омўзишњои неки маро. Њумат, Њухт, Њваршта—ин омўзиш роњи наљот аст, асли наљот аст. Ва ин омўзиш бисёре аз мардумонро наљот бахшид, ин омўзиш ба мардумон роњи наљотро нишон дод. Ва ту чунон мардумонро омўзондї, ки бани башар ин таълимотро чун як чизи оддї ва њатмї дар дилу вуљуди худ нигоњ дорад:
Њумата Њухта, Њваршта!
Аша Зардушт дар дил неруи бузурге эњсос намуд ва пурсид:
—Пас, чаро мардумон имрўз њамин чизи оддиро намефањманд?
Садои дигаре дар тамоми коинот танинандоз гашт:
—Зеро ки омадани ту хеле бармањал буд. Аммо ин бењуда нест. Њоло башар дар давраи тифлитст ва аз ин беш ќабул кардан натавонад. Онњое, ки инро аз ту омўхтаанд, фардо дар саросари љањон пирўз шаванд. Ва фардо мардумон ваќте ки донову бихрад шуданд, аз ту ёд мекунанд ва он гоњ нафароне бо табассум бигўянд, ки чи таълимотест оддї ва бењангома. Ва он гоњ боз шикастњо ба миён оваранд. Ва ин афтоданњо ва ин сањву хатоњо боз њазорсолањои дигар давом кунад. Вале ман мардумони офаридаи худро танњо намонам. Ман дар мавридњои дигар боз  наљотбахшони башар—Саошйантњо, паёмбарон, расулони навро бифиристам, ба њар гуна, аз њар ќаму халќњо фиристам, то мардумро рањої бахшанд. Ва маѓзи омўзиши њамаи онњо њамин омўзиши оѓозкардаи ту бошад:  Њумат, Њухт, Њваршта.—Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек.
Ту дигар осуда шав ва роњи худро ба диёри Ростї, Рањої ва Љовидонагї –Ашии нек бипаймой. Фуруњари ту аз ин арши барин рањнамои мардумон хоњад шуд. Њоло Ашии нек ва бузургвор бо гардунаи зарринаш назди ту хоњад омад.
Ва фуруњари заррини Ањура Маздо нопадид шуд.
Аз ин паём Аша Зардушт дар дил шод гашт. Шукри худо кард, вале аз он ки њоло омўзиши ў дар нимароњ мондааст, нороњат шуд. 
Охирин бор Мантраи варљовандро бархонд ва ба оянда назар кард ва дарозои сењазорсола дар як лањза аз пеши назараш гузашт ва ў дид:
Дид, ки мулки Аирйанам ваељањ бар хоку хун оѓушта гардид.
Ва чанд муддат баромад, то писари Виштосп Исфандиёр бархест ва кини њамќавмон аз Арљосп баргирифт.
Дигар Аша Зардушт ба ояндаи дуртари Ориёно назар кард, шўру шаре дар пањнои ѓарбии Ориёно дид.
Таълимоти ахлоќї ва динии Зардушт роње буд, ки пайравонашро ба зинаи баландтари тамаддуни башарї њидоят мекард. Тарѓиби яккахудої ва болотар гузоштани Ањурамаздо аз тамоми эзидону фариштањо, ќабл аз њама ѓояи таъсис додани давлати ягона, мутамарказ ва тавоноро пеш гузошта, муттањидшавии ќавму ќабилањои парокандаро тањти як маќсади умумї–зиндагии  тинљу осудањолона, рўзгори пурсаодат, мењнату созандагї ва ѓайра њадафи нињоии худ медонист.
Чун нек назар кард, аз ќабати абри таърих Куруши Кабирро дид, ки дини Зардуштро густариш дод ва зафар ёфт, Орёиињои Форс ва Элом ва Модро муттањид кард ва ормони Зардушт—Созмони љањонии орёињоро бунёд намуд, бо фармони ў Авесторо дар 12 њазор пўсти даббоѓишудаи говон бо хатти зарин навиштанд.
Таълимоти Зардушт дар асрњои минбаъда ба кишварњои Машриќу Маѓриб доман густурда, ба инкишофи њикмату фалсафа, дину оин ва ахлоќу меъёрњои ахлоќии тамаддуни башарї такони мусбате дод ва дар аќсои олам мўътаќидону пайравони худро пайдо намуд.
Оини Зардуштї, ки дар Осиёи Миёна ба зуњур омада буд, дар замони Њахоманишинињо ба Эрон ва боз дуртар ба тарафњои Ѓарб пањн шуда, баъдњо (то замони тањти истилои арабњо воќеъ гардидани Эрон ва Осиёи Миёна) мазњаби давлатии эронињо ќарор гирифт. Њанўз дар асри V пеш аз мелод дар шањри Мемфиси Миср маъбади худои эронї Митра дар бисёр  мамлакатњо расм  гардида, то љазирањои Британия расида буд...
Донишмандони Юнони Ќадим аз оини Зардуштї ба таври куллї балад буданд, ки рољеъ ба он рисолањои махсус њам таълиф намудаанд. Масалан, Арасту дар бораи муѓњо асаре офаридааст, ки то давраи мо фаќат баъзе порчањои он боќї монданд. Њамчунин навиштањои Плутарх, Диогени Лаэртї ва дигарон доир ба дини зардуштї маълум аст. Муаррихи Лидии асри V пеш аз милод Ксанф, муаррихи бобулї Беросс, файласуфи библї Филон ва бисёр донишмандони дигар низ забони юнонии ќадим дар бовари зардуштия асар эљод кардаанд. Оинномањои асосии зардуштї ба системаи фалсафаи юнониёни ќадим таъсири муайяне расонидаанд».
Аммо боз њам нафароне пайдо шуданд, ки асли сегонаи некро нафањмиданд, дасисањо зиёд карданд ва лашкари Юнонзамин бо сарвари Искандари Маќдунї омад ва ин созмонро барњам дод, як нусхаи  Австоро сўхт, нусхаи дигарашро ба Юнон бурд. Донишмандони Юнони Ќадим аз оини Зардуштї ба таври куллї огањ шуданд ва рољеъ ба он рисолањои махсус таълиф намуданд. Аз он љумла, Арасту дар бораи муѓњо асаре офарид, ки њоло фаќат баъзе порчањои он боќї мондаанд. Њамчунин олимони маъруфи Юнон Плутарх, Диогени Лаэртї ва дигарон, муаррихи Лидияи асри V пеш аз милод Ксанф, муаррихи бобулї Беросс, файласуфи библї Филон ва бисёр донишмандони дигар низ дар бораи зардуштия асарњо навиштанд. Оинномањои асосии зардуштї ба системаи фалсафаи юнониёни ќадим таъсири муайяне расонидаанд.
Ва аз зери вайронањо ва хокистари сўзони пањнои Ориёно боз мардуми ориёї номи Ањура Маздо дар забон бархестанд ва давлатњои нави ориёї ташкил карданд.
Аша Зардушт аз он лањзае шод гардид, ки Балоши аввал— шоњи ашконї аз нав ба љамъ овардани Авасто камар баста фармон дод, ки Авасторо аз навиштањои пароканда ва гуфтанњои сина ба сина гирд оваранд ва дар як китоби бузург љой дињанд.
Ин амали некро шоњаншоњ Ардашери Бобакон ва дигар шањони Сосонї давом доданд. Њирбадон њирбади рўзгори ў —Тансар ин амри хайрро амалї кард. Ва љамъоварии Авесто садсолањо давом ёфт. Ва бисёр таѓйиротњо ворид шуданд, баъзе омўзишњои ўро дигар карданд, вале ба њар њол, аз нобудшавї ва фаромўшї нигањ доштанд. Дар сурудњои осмонии Готњо, ки асосан аз сина ба сина меомад, асли гуфтањои ў нигоњ дошта шуд. Дар рўзгори Шопури дувум мубадон мубад Озарбади Мењроспандон гузорише бар бахшњои номафњуми Авесто навишт ва китоби «Хурда-Авесто»-ро аз саросари Авесто гирд овард. Дигар китобњои динии маздаясно ба вуљуд омаданд. Саранљом дар авохири давраи сосониён дар садаи шашум, ё њафтуми милодї хатти авестої (диндабира) аз рўи хати пањлавї барои нигориши Авесто ихтироъ ва тамоми бахшњои ин китоб ба-д-ин хат, ки аз њама љињат комил аст, нигошта шуд. 
Чун рўзгоре баромад, тозиён бар соири кишварњои љањон чира шуданд ва дини мубини исломро оварданд. Чун шоњи охирини Эрон Яздгирд аз дасти осиёбони орёї кушта шуд, фарзандони ў дар чанд љавониб, дур аз шањр, дар камари кўњњо паноњ бурданд. Аз љумла, духтари ў Чак-чак дар кўњњои  канораи шањри Язд љойгоње ёфт ва чун душманонаш аз паяш буданд ва охирин љойгоњи ўро ошкор карданд, духтари боиффат аз кўњ илтиљо кард, ки бар ў паноњ дињад. Кўњ синаашро бикушод ва духтар он љо ѓоиб шуд. Њарчанд љустанд, ўро пайдо карда натавонистанд. Ва љои ѓайбзадаи Чак-чак чашмае ба вуљуд омад, ки оби он аз баландї чакида мефарояд. Гўї, вай ашки њасрати духтари Яздгирд аст, ки то њол аз камари кўњи сангин ќатра-ќатра, зарра-зарра мечакад.
Ва кўњи Чак-чак зиёратгоњи соњибдилони љањон гаштааст.
Дар камари кўње, ки дар пањлўи дигари шањри Язд бо номи Пири сабзпўш љой гирифтааст, дигар зардуштиёни ќавиирода паноњ бурданд ва он низ зиёратљойи зардуштиёни љањон шудааст.
Аша Зардушт бањри дамонро дид, ки дар киштињои кўчак мардумони зиёд гирёну нолон савор шудаанд ва ба сўи мулки номаълум равонаанд, бархе дар тўфонњо ѓарќ мешаванд, баъзе аз ташнагиву гуруснагї њалок мешаванд, вале ќафо намегарданд. Онњо аз љамоањои зардуштї, њамон орёињоянд, ки намехостанд кеши ниёгони худро тарк кунанд ва ба киштињо савор шуда ба Њиндустон паноњ бурданд, дар заминњои вилояти Гуљарот љой гирифтанд, бо мардуми он омезиш ёфтанд ва абадї кеши худро ва оташи муќаддаси худро нигоњ доштанд. Онњо бисёре аз навиштањои куњанро бо худ бурданд ва дертар китобе низ бо номи «Ривоятњо» нашр намуданд.
Аша Зардушт дид, ки пас аз ислом бисёре аз китобњои куњани ориёї ба далели вуљуди баъзе носозгорињои миёни нињодњои динии маздопарастон аз байн рафтанд ва бозмондањои наскњои Авесторо дар хонањову оташкадањои нињону нимнињони зардуштиён пинњон карданд ва танњо барои оинњои динї ва хонаводагии онон ба кор омад.
Ва дар замони халифаи тозї Маъмун рухсат шуд, ки орёињо дар шарњи Авасто китобњо нависанд ва Озарфарнбаѓ пури Фаррухзод китоби «Динкард»-ро оѓоз кард ва онро Озарбад пури Умед ба поён расонд.
Аша Зардушт дид, ки бар асари тохту тозњои туркї садсолањо мардуми ориёї ва пайравони кеши ў њайрону сарсон монданд, вале сипас кўшкњои ободи аврупоиро дид, ки байни он мардуми гуногунзабон тарљумаи инглисиву фаронсавии Авасторо бо шавќ мехонанд. Бале, Ў дид, ки мањз ба воситаи китобњои дар Њинд пинњонкарда пажўњишгарони аврупої Анкетил Дюперрон, Дармстетер, Љексон ва дигарон яке паси дигар дар Њиндустон бо порсиён шинос шуда, ин китоби бузургро тарљума ва борњо нашр намуданд ва дар ин замина њазорон китобу рисола падид омад ва боз номи Аша Зардушт вирди забонњо гашт.
Ва Аша Зардушт боз нигоње кард ба зодгоњаш—Ориёнои ќадим ва хурсанд шуд, аввал онро нашинохт, дид биноњои обод ва мардуми озодро. Дид, ки пас аз хомўшии беш аз њазорсола дар Эроншањр доктор Иброњим пури Довуд бори аввал Авесторо ба форсии равон баргардонида дастраси мардумони ориёї намуд.
Ва Аша Зардушт дид, ки яке абармард мувофиќ бо њама сифатњои як родмарди ашаван бо номи Эмомалї Рањмонов рўй ба њикматњои ўй овард ва бори аввал бо хати сирилик ба забони ноби форсї њарчи аз Авесто бо саъйу тасмими доктор Иброњим пури Довуд ва шогирдону пайравонаш Љалили Дўстхоњ ва дигарон ба даст омада буд, нашр кард. Ва аз ин амали неки раиси љумњури худ ба илњом омада гурўње аз ориёиаслњо—тољикони навин— Мањмадрањим Каримов, Љумъа Ќуддус ва дигарон аз пайи тањияи достоне шуданд, ба канорањои Ориёнвайљ—Њинду Эрони бостонї сафарњо карданд ва дар ин заминаи омўзиш китобе аз рўзгори ў тањия намуданд. Ва дид Аша Зардушт, ки он китобро Шумо бо шавќ мехонед ва панде аз таронањои осмонии ў мегиред ва некиро дар пиндору гуфтору кирдори худ густариш медињед  ва дуруд фиристод ў ба фравашињои офарандагони китобњо ва достонњои  синамої ва ба фравашињои шумо, хонандагони он китобњо ва бинандагони он достонњо.
Ва шод гашт Аша Зардушт аз он, ки замонањо дигар мешавад, шањон дигар мешаванд, гоњо зимоми пањнои Ориёно ба дасти ќавмњои дигар мефитад, вале пандњо ва сурудањои осмонии ў баќо мондаанд, дар оташ намесўзанд, дар об ѓарќ намешаванд, абадї зинда мемонанд ва номи ў ва номи мардуми ориёиро абадї поянда медоранд ва аз номи ў ва ориёињо мардумони љањонро ба накўкориву накуройї даъват мекунанд.   
Ва ин таърихии сангин, ин таљрибаи афтодану хестанњо, сўхтанњо, ѓарќагаштанњо  ва  эњёшавињои чандинбораи орёињо аз хоку хуни худ дар пањнои Ороёно оѓоз шуд.
Дуду оташ кулли маъбадро фаро гирифт, вале Аша Зардушт на гармии оташро эњсос мекард, на дуди ѓализи гулўсўзи њаёткушро. Зеро нури эзадон њама фазои маъбадро барояш гуворо карда буд.
Ин замон Ашии неки бузургвор падид омад ва ба Аша Зардушт гуфт:
—Эй Спитмони росткирдори ашаван! Назди ман биё ва дар гардунаи ман биором!
Спитмон Зардушт назди ў рафт ва дар гардунааш биорамид.
Ва ин гардунаву ин савораро дар њама љои гетї бидиданд. Шањону вазирону мардумони њама кишварњо бидиданд. Размкунандагону забардастону афтодањову, дар набард нимкушташудагон њам бидиданд.
Ва нидое аз замину замон бархест:
—Инак, бахшоишу фравашии Зардушти Спитмони ашаванро меситоем..
Нахустин касе, ки нек андешид, нахустин касе, ки нек сухан гуфт, нахустин касе, ки нек рафтор кард.
Нахустин отурбон, нахустин артештор, нахустин барзигари сутурпарвар, нахустин касе, ки биомўхт, нахустин касе, ки биомўзонд, нахустин касе,  ки сутурро, Ашаро, Мантраи варљовандро, фармонбардорї аз Мантраи варљовандро, шањриёрии менуиро ва њамаи нињодњои неки маздоофаридаро, ки аз они Аша аст, барои худ пазируфту дарёфт.
Нахустин отурбон, нахустин артештор, нахустин барзигари сутурпарвар, нахустин касе, ки аз дев рўй гардонду мардумонро бипарвард. Нахустин касе, ки дар љањони астуманд девро нафрин карду хасту шуд, ки маздопараст, зардуштї, девситезу ањоруикеш аст.
Ўст нахустин касе, ки дар љањони астуманд суханеро, ки дар дини Ањура ба зиёни девон аст, бархонд.
Ўст нахустин касе, ки дар љањони астуманд суханеро, ки дар дини Ањура ба зиёни девон аст, навид дод.
Ўст нахустин касе, ки дар љањони астуманд он чиро, ки аз девон аст, носутуданї ва носазовор барои ниёиш хонд.
Ўст пањлавони саросари зиндагии хушу нахустин омўзгори сарзаминњо.
Вале кўрдилон ва кинаварон низ зиёд буданд ва онон дар ин байн на фуруњари худоро диданд, на фуруњари паёмоварандаи худоро ва на гардунаи Аширо. Ва яке  аз љумлаи онњо— Арљоспи хайун буд, ки ѓарќа дар нињоди ањримании худ фармон дод:
—Оташ занед! Оташ!
Ва бо амри ў боз оташ заданд. Ва ин оташ аз чандин љониби дигар забона зад. Аз ин оташ ба гардунаи Ашии бузургвор ва савораи он Зардушти ашаван газанде нарасид, вале дуди ѓализу оташи баланд садди бузурги гуноњ ва паймоншиканињои мардумон гардида, он гардунаи заррини Аши ва Аша Зардушти ба он саворро аз назари мардумон нопадид гардонд.
Одамон дар ќаср ва кулли шањр зери дуд ва забонањои оташ монда нола карданд.
Кохњо ва шањрњо зери дуд ва забонањои оташ монда сўхтанд ва нола карданд.
Таърих сўхт. Таърих нола кард.
Аммо номи озодаманишони некандеш ва накўсухан ва накўкор, он хирадмандони варљованд то абад боќї монд.
Китоби  Эмомалї Рањмонов «Тољикон дар оинаи таърих»-ро вараќ мегардонем: Баъд чї шуд? Ин чї ќазои сарнавишт буд?
Љавоби амиќе дарёфт мекунем:
 Љанги байни Эрону Тўрон дар таърихи башарият яке аз шадидтарин ва тўлонитарин набардњоест, ки дар тўли њазорсолањо тору пуди њастии ин халќиятњои ориёинажоди њамќавму њамзабону њамќисматро фаро гирифта, оѓози оѓозњояш дар китоби муќаддаси имрўз ин гуна набарди шадид, тўлонї ва пурњаводиси халќияти дигареро ёд надорад, ки њам дар либоси асотиру ривоят ва њам дар раванди воќеияти таърихии дар тўли њазорсолањо борњо хомўш гаштаву аз нав аланга  гирифта, фарљоми нињоии худро наёфта бошад. Ин талошу зиддиятњои оштинопазир ќаблан аз љанбањои асотирї ибтидо ёфта, чун ихтилофи шадиди миёни рушної ва зулмат, некию бадї ва Њурмузду Ањриман чун ду ангезаи бо њам душман ба зуњур омада, дар «Готњо», «Яштњо», «Видевдот» ва дигар ќисматњои минбаъдаи Авесто бо мурури љараён ёфтани воќеањо  моњияти нимтаърихї ва таърихї касб мекунад.
 «Авесто» ќомусест, ки аз даврони валодат  то дами марг ниёгони моро рањнамої мекард. Барзгарон суруду оятњои «Авесто»  дар лаб бар замин дона мекиштанду бо мурод медуруданд,  соњибони чорпову сутур аз эзидон нигањбонї ва афзудани рамаву галањояшонро таманно мекарданд, њунармандону косибон олињањои муќаддасро бар гилу гаљ ва тилловору фулузот тасвир намуда, аз рўњи онњо ёвариву мадагорї мељустанд; сарлашкарону сипоњиён гимнњову хамосањои љангї бар забон ба душман њамла меоварданду аз эзидон фатњу зафар мехостанд, подшоњону тољварон бо тавбаву надомат худро ба паноњи Худои ягона Ањурамаздо супурда, тинљиву осоиши мулкро металабиданд, мўбадону коњинон аз панду њикматњои ин Китоби Муќаддас ваъз гуфта, пиру љавонро сўи тариќати гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек  њидоят менамуданд. Ва кулли пайравони тариќати зардуштї вабаста ба расму оин дар давоми солу моњ ва њафтаву рўзњои муќарраргашта ба оташкадаву маъбадњо ва пойгоњњои муќаддас рафта, ба шарафи Ањурамаздо ва изадони ёвари вай назру ниёз мекарданд, мурод металабиданд, кушоиши кор мехостанд.
Тамаддунњо месабзиданду завол меёфтанд, лашкаркашон меомаданду мерафтанд, сулолањои подшоњони худиву бегона яке љои дигароре  мегирифт, вале пањноњои њосилхези рўди Омуву Сир ин силсилаи рафтану омаданњо, шикастану эњё шуданњоро умри дубора ва давоми зиндагї мебахшид. Таќдири таърихи халќи тољик бо ин рўди бузург аз рўзњои нахустини ба арсаи тамаддун ва зиндагии бошуурона по гузоштанаш њамоњангу њамнаво буд ва њаст.
Њукми табиату таърих низ чунин рафта, ки њам сарчашмаи табиї ва њам сарчашмаи маънавї барои шодоб намудани ташнакомон офарида шуданд. Нахустин ќомусномаи љањон, нахустин китоби зарнавишту дини мукаммали олами мутаммадин, нахустин њамосаву сурудањои беќаринаи њазорсолањои дур - «Авесто» - и љовидона, дигар дар ќолаби сарњадњои кўчак намеѓунљад, њама гуна садду монеа ва њудудњои сунъиро шикаста, кайњо ба уќёнуси тамаддуни љањонї омезиш ёфтааст.
Бузургтарин савоб дар суннати «Авесто» ва дар суннати то имрўз зиндаи миллати тољик об додан ба ашхоси ташнаву афтодањол аст. Бигузор «Авесто» бо суннатњои волояш ташнагии ташнањолонро бишканад ва худо кунаду ба савоби он миллати љафокашидаи тољик низ шарик бошад.

                Сентябри 2005—августи 2006

ВОЖАНОМАИ ФАРЊАНГИ БОСТОН

Хонандаи гиромиќадр, иншои мо, ки дар асоси навиштањои деринаи беш аз се њазор сол ќабл гирд омаданд, ногузир калимањои зиёде пеш меорад, ки фањмиданашон мушкил аст. Дар айни замон, дар он замони дур бисёр вожањо ба сари худ як љањон маъниву таърихномаи аљоибу ѓароиб доранд. Фишурдаи Вожаномаи устод Љалили Дўстхоњро бо иловањои муаллифони ин китоб ба Шумо таќдим намуда, умед мекунем, ки ин луѓати тафсирї барои омўзандагони фарњанги бостонии ориёї хидмати бузурге намуда, ташнагони ривояту асотири ќадимаи ниёгонро шодоб хоњад кард.

Авесто: номи кулли маљмўаи куњантарин навиштаи орёињо ва ќадимтарин номаи динии маздопарстон аст, ки мувофиќи навиштаи «Динкард» дар замони навишташ  бисту як наск (китоб) дошт, дар шакли кунунии худ аз шаш бахш - «Готњо»,  «Ясна»,  «Яштњо»,  «Вандидод»,  «Виспарад» ва «Хурда - Авесто» иборат аст. Вожаи Авесто, ки дар худи китоб наёмадааст, калимаи мураккаб буда, аз пешоянди «а» ва сифати маъмулии «веста» аз масдари «вид» ё «ваед» (дар пањлавї «виндотан») ба маънии шинохтан, донистан, ёфт шудан, падидор омадан, ки бо вожаи «Веда» (=вид) номи куњантарин китоби динии њиндувон низ њамреша аст. Бар рўи њам Авесторо метавон ба маънии  «Огоњинома» ё «Донишнома» донист.
Авестои нав:  унвонест барои кулли бахшњои панљгонаи мутааххири Авесто «Ясна»,  «Яштњо»,  «Виспарад»,  «Хурда - Авесто» ва «Вандидод»), ки даврањои пас аз Зартушт ба нигориш даромадааст ва аз њарду дидгоњ шеваи нигоришу дарунмояи андешагї, аз  «Гоњон» - и  сурудаи Зартушт мутамоиз шумурда мешавад.
Аирйаман—дўст, ёр, анљумани ёрон. Дар Готњо иљтимоъ ба се сухан мебошад: Хонавода, ки чандин тани њамхуну њампаймонро мепайван-дад ва дигар барзан, ки гурўњеро дар як чорчўбаи вижаї зиндагонии пайваста доранд ва се дигар Аирйаман, ки њамаи љањониёнро њамбастаи якдигар мегардонанд.
Албурз: (дар Авесто Њара, Њараити ва Њараберезаити ва дар пањлавї Њарбурз) номи кўњест асотирї, ки дар форсї Албурз шуда ва акнун риштакўњњои маъруфи шимоли Эронро ба-д ин ном мехонем.
Амеша Спента-афзояндаи љовидон.
Амурдод: (дар Авесто Амеретата, дар пањлавї Амурдод ё Амурдот ва дар форсї Амурдод ё Мурдод ба маънии љовидонагї ва бемаргї). яке аз фурўзањои Маздо Ањура; нигоњбони гиёњону хўрданињо. Панљумин моњи сол ва њафтумин рўзи моњ.
Амурдодгон: (Љашни … ): номи љашнест,ки дар Амурдодрўз (њафтумин рўз) и  моњи Мурдод баргузор мешуд.
 Амшоспанд: (дар Авестои нав Амеша Спента ва дар пањлавї Амешу Спанд ё Амањр Спанд ба маънии «варљовандони љовидона», унвони мењини изадон дар дини маздопарастист, ки Бањман, Ардибињишт, Шањривар, Спандармад, Хурдоду Амурдодро шомил мешавад, нигањбони офариниши Ањура Маздо бар ўњдаи онњост.
Ањура Маздо (Спандмену ё Спентамаинйу) дар сари Амшоспандон љой дорад ва аз ин рў ѓолибан сухан аз њафт Амшоспандон меравад. Гоњ изади Сурўшро дар сари Амшоспандон љой додаанд.
Анаѓрон: (дар Авесто «Анаѓра раочао» ё «анаѓра раоча» ба маънии «фурўѓи беоѓоз» ё «рўшноии азалї»), номи дигари «Гарудмон» (Гарудмона)  бињишт.
Анирон: ( дар Авесто «анаирйа» ва дар пањлавї «анерон» ва дар форсї «анирон» ё «нирон» ва ба маънии ноэронї, ѓайриэронї, бегона), номест, ки эрониён ба њамаи ќавмњо ва мардумон љуз худ дода буданд.
Ануш: (дар Авесто «ануша» ба маънии «бемарг») дар пањлавї ба маънои подзањр ва тарёку иксир омадааст.
Апам Напат: номи изади об аст. Маънии ин таркиб «наберои обњо»-ст. Дар пањлавї Бурзязд ва Обон њам меноманд. Дар Авесто ин таркибро гоњ ба гунаи Апат њам мебинем ва ѓолибан бо сифатњои ради бузургвор, шањриёри шедвару тезасп њамроњ меояд. Дар «Веда» номаи динии њиндувон низ Апам – Напат худои обњост.
Апохтар: ба маънии Шимол, дар асотир ва дини эрониён љои дўзах ва куноми Ањриману девону дуруљон ва њамаи офаридагону коргузо-рони Ањриман аст ва дар таќобул бо Нимрўз (Љануб) ќарор мегирад, ки самту сўи ањурої ва изадист.
«Ардавирофнома»: номи рисолаест ба забони пањлавї, ки шарњи сафар ё меърољи яке аз пешвоёни дини зардуштї ба номи Вироф (ё Viroz ) ба љањони менуї ва дидораш аз бињишту њаместакон (барзах) ва дўзаху сањнањои намоишгари подошу подафраи кирдорњои некўкорон ва гунањкорон аст.
 Ардибињишт: (дар Авестои нав «Аша вањишта» ба маънии «Бењтарин Аша», номи яке аз муњимтарин Амшоспандон, яке аз фурўзањои Ањура Маздо. Ба ёрии ў Ањура Маздо њангоми офариниш гиёњонро бирўёнид.   
Аредатфидри: номи модари севумин ва охирин мавъуди зардуштї (Сайошйант ё Саошйанс) аст,  севумин дўшизаи понздањсолест, ки њангоми таншўї дар дарёчаи Киёнисийа (Њомун) аз тухма (ё фарраи) бозмонда аз Зартушт  борвар хоњад шуд ва Астватерета (Саошйант) – ро таваллуд хоњад каорд.
Аредвисура Аноњита:  изадбонуи обњо:  Аредви-«рўд», «суро» ё «сура»-неруманд, «Аноњита» -поку беолоиш, њамон аст, ки дар пањлавї Аноњид ва дар арманї Аноњит ва дар форсї Ноњид шуда ва номи ситораи Зўњра низ њаст. Бар рўи њам ин таркиб ба маънии «рўди нерўманди беолоиш» аст.
Арамаити: яке аз фурўзањои Ањура Маздо бо сифати Спента ба сурати Спента-Армаити  (Спандармат) дар омада ва яке аз Амшоспандон.
Арљоспи хайун: дар Авесто «Арељатаспан» (ба маънии дорандаи аспи гаронбањо), номи подшоњи девпарасти Тўрон аз ќабидаи хайун (њйун).
Асмухвонвант: номи яке аз нахустин гаравандагон ба дини Зардушт астба маънии «фурўѓи осмон».
Аспрес: воњиди андозагирии дарозии роњ буда, ки бо тўли майдони аспдавонї баровард мешудааст. Як њоср баробари тўли як аспрес њудуди 700 метр мешудааст».
Аспрес—майдони аспдавонї, майдони чавгонбозї.
Астватерета: номи севумин ва охирин Саошйант (мавъуд) – и маздопарастон аст, ки дар поёни севумин њазораи пас аз Зартушт, аз тухмаи (ё фарри) бозмондаи вай дар оби дарёчаи Киёнисийа (Њомун) ва аз модаре ба номи Аредатфидри зода мешавад ва кори Фирашкард (нав кардани љањон ва дини маздопарастї) – ро ба поён мерасонад.
Ањриман: (дар Авесто Анграмаинйу ва дар пањлавї ва форсї Ањреман ё Ањриман ё Оњарман ба маънии «менуи ситењанда ва душман»), номи яке аз ду менуи аслї дар устураи офариниш назди эрониён аст, ки дар баробари  Спентамаинйу (Спандмену) ќарор  дорад.      
Ањура Маздо: номи офаридгори љањони Аша ва некї (саросари офариниши неку пок) дар дини маздопарастон аст. Номи Ањура Маздо аз ду љузъ Ањура ва Маздо  таркиб ёфта, ба маънии фармонраво ва солору бузург дониш ва њуш аст. Бар рўи њам Ањура Маздо ба маънии «Сарвари доно» ё «худовандгори огоњ» аст, ки дар Эрон – њам пеш аз паёмоварии Зартушт ва њам пас аз паёмбарии ў -  номи офаридгори бузурги љањони некї ва Аша ва офариниши нек шинохта шуда.
Аша: (=Аша) ба маънии Ростї ва љузъи аслии номи Амшоспандон  Ардибињишт  аст. 
Ашавазушта: ба маънии «Дўстдори Ростї» номи паррандаест (мурѓак њаќ) асотирї, ки  ба навиштаи «Вандидод» (фар. 17, банди 9) маздопарастон њангоми дур рехтани тарошањои нохуни худ, ниёишеро хитоб ба–д–ў мехонанд ва бар онанд, ки бо ин кор девон меларзанд ва тавони онро намеёбанд, ки тарошањои нохунро баргиранд.
Ашаван: пайрави Аша , рањрави роњи Аша, зидди дурванд.
Аши: (дар пањлавї Арт ва Ард), номи изадбонуи тавонгарї ва подошу ганљури Ањура Маздост. Аши аз њамнишинон ва ёварони изади Сурўш аст ва нигоњбонии бисту панљуми моњ ба-д-ў супурда шуда ва шукуфтањои бањорї вижаи ўст.
Аштра: номи яке аз ду афрозест, ки Ањура Маздо ба Љам  медињад то ўро дар фармонравої бар мардумон ба кор ояд.  дар  пањлавї ба маънии шаллоќу тозиёна омадааст. Мумкин аст ин вожа дар асл ба ду маъно ба кор мерафтааст. Яке тозиёна ва дигаре олате барои навохтани созе».
Бањман: (дар Авесто Воњумана ё Воњуманангња, ба маънии маниши хуб, ё нињоди нек ва Гоњ Авњишта мана ба маънии бењтарин маниш омада ва дар пањлавї Воњуман ва дар форсї Бањман шудааст.) Акамана аз камоладевону дастёрони Ањриман, њаместори ўст.  Дувумин рўзи моњ ва ёздањумин моњи сол.
Бањмангон: (Љашн…): номи љашнаст, ки дар Бањманрўзи моњи Бањман (дувумин Бањманмоњ) баргузор мешавад.
Бањром: ( дар Авесто Веретраѓна ва дар пањлавї Варањна ё Варањром ба маънии занада ё кушандаи Веретра»), номи изади разму пирўзї, яке аз изадони бузургу муњим дар дини маздопарастист, ки дар пойгоњи менуї њамтои изад Сурўш башумор меояд. Дар асотири куњани њиндувон Веретрањна ба маънии «занада ё кушандаи Вритра» (аждањои боздорандаи обњо), сифати Индра -худои машњур аст.
Бињишт: (дар Авесто Вањишта сифати тафзилї ва олї аст аз вангњу ба маънии бењ. Дар пањлавї Вањишт ва дар форсї Бињишт). Дар Авесто ин сифат бо вижаи ангњу ба маънии љањону зиндагї њамроњ омада ва бар рўи њам ба маънии Бењтарин љањон  ё Бењтарин зиндагї аст, ки аз он сарои ашаванон ва некон дар љањони менуї ирода шуда.
Бож: (дар Авесто «ваљ» ва дар пањлавї «вољ» ва «вољак») ба маънии сухану гуфтор, унвонест барои њамаи ниёишњои кўтоњи эрониёни маздопараст, ки оњиста бар забон меронанд ё зери лаб мехонанд ва таркибњои «бож гирифтан», «бож гуфтан»,  «бож кардан», «бож доштан» њама ба маънои хондани ниёишњои кўтоњ ба маънии шева аст. Вож, вожа, боз, бољ, вољ, вок, ово, овоз, овоза, овоза гуважу дар форсї њама бо бож (ва решаи авестоии он) бунёде муштарак доранд.
Бушосп: (=Бушасб): (дар Авесто Бушйанста ё Бушйаста, зоњиран ба маънии он чї пеш омаданї аст). Номи деви хоби нобањангому ањриманист, ки ѓолибан сифати «дароздаст» ва Гоњ бо тавсифи «зард»  ё ў ёд мешавад.
Вар: (дар Авесто варангња, аз решаи вар ба маънии баргузидан ва бовар кардану мусаммам шудан), номи озмоиши бозшиносии дуруст аз нодуруст ва дурусткор аст, ки бо оинњои махсус баргузор мешудааст.
Вари Љамкард: номи паноњгоњи зеризаминии бузургест, ки навиштаи «Вандидод» (фар. 1) Љам (Љамшед) ба фармони Ањура Маздо онро сохт то дар баробари зимистони сахту кушандае мардумону љонварон дар он паноњ љўянду љой гузинанд.
Веда: номи њар як аз чањор китоби куњани њиндувон ё сурудњои кеши њиндуист, ки ба забони санскрит дар миёни 2000 то 1000 сол пеш аз милод нигошта шудааст. Куњантарин бахши ин сурудњо «Ригведа» (Суруди ситоиши худоён) ва дигар бахшњои он «Яљурваведа» (Сурудњои ситоиш ва дастурњои назру ќурбонї), ки  худ шомили ду дафтар аст. «Самаведа» (оњангњо ва наѓмањо)  ва «Атарваведа» (Сурудњои вижаи атарванњо ё коњинони назру ќурбонї) аст.
Гайумарт: (дар Авесто Гайамаретан ва дар пањлавї Гайумард, ба маънии «зиндаи мирон» ё «љони нестипазир» ва дар форсї ба тањриф Каюмарс ва дарвоќеъ «Гайумарт»), номи нахустин башари офаридаи Ањура Маздост.
Гаршосп:  аз љовидонагон ва дар шумори ёварони Саошйант аст. Ў намурдааст ва то рўзгори Саошйант дар хоб хоњад буд.
Гаушурван: (Гаушурван ба маънии «Равони офариниш» ё «Равони љањон» ё «Равони замин» дар «Гоњон» яке аз намодњо ё фурўзањои офариниши Ањура Маздо.
Гаушурван аз изадони њамкору ёвари Амшоспанд Бањман аст.
Гањанбор (=Гоњанбор) номи њар як љашнњои шашгонаи офариниш аст, ки дар замонњои муайяне дар тўли сол баргузор мегардад. Ањура Маздо офаридагони худро дар шаш бор дар як сол меофарад ва њар яки он номи људогонае дорад ба ин тартиб:  Маидйузарем (офариниши осмон), Маидйушам (офариниши об), Патйашњим (офариниши замин), Айсрем (офариниши гиёњон), Маидйарем (офариниши љонварон), Њамаспатмадам (офариниши мардумон)
Гот: (дар Авесто Гата ва дар пањлавї Гас ва дар форсї Гоњ ба маънии «суруд»), унвони куллии њар як аз панљ суруди Зартушт аст, ки бар сари номњои вижаи њар кадом меояд. Дар форсї ба љои Гата гоње Гот њам навиштаанд. Гоњ дар истилоњи њунари мусиќии эронї низ реша дар њамин Гатаи авестої дорад.
Даитйа (=Даити): номи рўдест асотирї дар Эронвиљ, ки бархе аз пажўњишгарон кўшидаанд то онро бо Арас ё Зарафшон яке бишумо-ранд: аммо дар давраи Сосониён ин номро бар рўди Синд нињоданд. Ва гумони аѓлаби мо ин аст, ки вай њамоно рўди Вахш ва Омўст.
Дањйум: дар Авесто ба маънии иёлат, кишвар, дар форсї дењ, номи изади нигањбони иёлат ё кишвар аст.
Дин: (дар Авесто Даена ва дар пањлавї ва «Занд» Ден ё Дин ё Дина ё Динак ва дар форсї Дин, аз масдари Да ба маънии «андешидан ва шинохтан»). Дар Авесто ин вожа гоњ ба маънии «мазњаб ва кеш» ва гоњ ба маънии «яке аз неруњои панљгонаи одамї» омадааст, ки аз он ба виљдон ё неруи изади бозшиносии нек аз бад таъбир кардаанд. Ин нерў пойдору номиро ва аз вадиъањои Ањура Маздо дар тани одамї аст. Њамин неруи дарунист, ки дар рўзи чањорум пас аз марг бар сари Чинводнул, агар шахс некукору ашаван ва пок бошад, ба пайкари дўшизае зебо ва агар гунањкору ноашаван бошад, ба  колбади зани патёраи зиште равони ўро пазира мешавад ва ўро ба бињишт ё дўзах мекашонад.
«Динкард» (= Динкарт): дар пањлавї «Денкарт» ба маънии «Кардаи динї», номи китобест бузург ба забони пањлавї, ки пажўњишгарони фарњанги эронї онро Фарњангнома (Доиратулмаориф) – и донишњои динї ва  аќлї хондаанд. Ин китоб дар њудуди садаи нўњуми милодї (садаи дувуму севуми њиљрї  дар Баѓдод аз рўи бозмондањои адабиёти порсии миёна (пањлавї) гирдовариву тадвин шуда ва дар нўњ бахш ба нигориш дар омадааст, ки ду бахши нахустини он аз даст рафта ва боќимондаи он 169 000 вожаро дар бар мегирад. Гирдоваранда ва нависандаи нахустини ин китоб Отурфарнбаѓи Фаррухзотон (Озарфарнбаѓ писари Фаррухзод) буда ва пас аз вай Отурнати Уметон (Озарбад писари Умед) онро аз нав танзиму талхис карда ва «Динкарди њазор дар» номидааст.
Доњи: номи сарзамине дар канори Сирдарё (Сайњун), ки ќабилањое бо номи доњи мезистаанд. Шояд ин сарзамин њамон бошад, ки љуѓрофиёнависон бо номи Дањистон ёд мекунанд. Дар «Фарвардин яшт» фравашињои мардону занони ашавани сарзаминњои Доњи дар баробари фравашињои ашаванони дигар сарзаминњо сутуда мешавад.
Драона-: нони кўчаки сафед бидуни хамирмоя.
Дригу—диндори ситамдида, касе, ки дар роњи Ростї ситам бинад ва њаќќашро аз даст бидињад ва бечораву овора гардад. Дар Шањриёрии Худой намебояд њељ кас њаќро аз даст бидињад ва љавр кашад. Њар кас бояд баробари коркарди худ подош ёбад ва ободу шод бошад.
 Заур: (дар Авесто заутра ва дар пањлавї ва форсї завањр ё заур), ниёзњову пешкашњои обакї (моеъ) монанди ширу нўшобаи Њаум ва монанди онњост, ки ба оини ниёиш мебаранд ва дар баробари мйазда (ниёзњову пешкашњои ѓайриобакї) ќарор мегирад. Навъи дигаре аз заур њам њаст, ки онро оташзавањр ё оташзаур гўянд ва он пињи дунбаи гўсфанд аст, ки дар мавридњои вижаї ба оташи муќаддас медињанд.
Индра: (дар пањлавї «Андар»), номи яке аз худоёни неруманд дар асотири кухани њиндуэронї буда, ки дар дини Зартушт ба гунаи деве шинохта шудааст. Лаќаби ў Веретраѓна ( дар пањлавї  Вањром ё Варањран ва дар форсї Бањром , дар асотир ва адабиёти динии эрониён номи изади диловариву љанг шудааст. Индра дар асотиру адабиёти динии эрониён аз камоладевон (девони бузурги дастёр ва коргузори Ањриман) ва њаместори Амшоспанд Ардибињишт аст.
Исатвестра: номи бузургтарин писари Зартушт аст, ки акнун Исадвастар хонда мешавад.
Каёниён: номи дувумин дудмони подшоњї дар асотири њамосаи Эрон аст, ки аз Кайќубод то Кайхусрав (давраи якум) ва аз Кайлўњросп то Дорои Дороиён (давраи дувум) шањриёрї ва фармонравої кардаанд.
Кайада: номи гуноњи бузургестчун дуздї ва роњзаниву паймон-шиканї,  гуноњи бебоварї ба дин ва ангору ришханди он бошад.
Касвиш : шахсе беморшуда ба яке аз беморињо ё норасоињои танї аст ба маънои кўтањдид, яъне касест, ки дуруст намебинад.
Карапан—пешвои кеши девпарастї. Аз решаи карп, ба маънии оростани (созу сомони оингузорї) баромада ва карапанро метавон оиноро гуфт.  Дар санскрит карапан нолаву нотавононро гўянд. Зардушт дар сурудњои худ ононро нолону мўяхон медонад.
Кахвареда: (дар пањлавї Кавхрид ё Кавхрит, дар гўйиши мардумии тољикї-куњрї / кўњрї). Ин вожа дар «Ясна» (њоти 61, банди 2) ба кор рафта, номи ќабила ё табаќае аз офаридагони ањриманї буда, ки ба кирдорњои зишту паст шинохта шуда будааст ва дар гузориши пањлавии Авесто фарракосторон яъне коњишдињандагону аз миён барандагони фара хонда мешавад. Ин гурўњ аз заношўии деви Хашм бо Мануша—хоњари шоњ Манучењр падид омадааст.
Ковус:  номи яке аз шоњону фармонравоёни номвару баландовозаи асотирї дар Авесто ва дигар матнњои куњан аст ва дар њамосаи Эрон ва матнњои таърихии пас аз ислом подшоње номдору пуршукўњу тавоно ва баландпарвоз аз дудмони Каёниён ба шумор меояд.
Куштї: (=Кустї) дар  Авесто аивйангањана ба маънии «миёнбанд» ё «Камарбанд» ба маънои омм ва номи камарбанди вижаи дини маздопарастист, ки дар пањлавї ба сурати абйангњан дар омада ва дар форсї њомиён ва њамёнро аз ин реша дорем. Куштигирї – номи варзиши маъруф низ аз њамин вожа аст ба маънии гирифтани камарбанд.
Мантра—аз решаи «ман», ба маънии андешидан омада, ки феъли мутааддии ман ва пасванди василаи -тра чораест барои барангехтани андешаи мардум. Готњо паёми худро Мантра ва сарояндаи паёмро мантран ба маънии  барангезанда ва беддоркунандаи  аѓзи љањониён мехонанд. Паёми Зардушт бедоркунанда ва њушёркунанда аст ва барои хобондану бењуш кунонидан нест, то аз мардум фармонбардории кўдакона гирад. Паёми Зардушт барои доноёни андешаманд аст, ки аз ин бедору њушёр шудаанд.
Марешауна: номи деви заволу фаромўшї.
Маши ва Машёна: (=Мањлї ва Мањлёна), номи нахустин марду зан дар асотири Эрон аст, ки аз тухмаи бозмондаи Гайумарт дар замин дар гунаи ду шохаи рибос (ривос) мерўянд ва сипас ба пайкари одамї одамї дармеоянд ва њамаи одамиён дар љањон аз табори эшонанд.
Мену: (дар авестої маинйу ё мену ва дар пањлавї менук), ба маънии љањони дигар ё љањонест, ки пеш аз офариниши љањон астуманд буда ва пас аз поёни ин љањон дар Растохез низ хоњад буд  ва дар форсї ба мафњуми бињишту фирдавс низ омадааст.
Мењргон: номи љашнест, ки дар шонздањумин рўз аз њафтумин моњи сол (Мењррўз дар Мењрмоњ) дар Эрони бостон баргузор мешуд ва онро Митрокана мехонданд. Ин љашни бузургро дар форсї Мењргон мегўем ва дар китобњои арабї Мењрљон навиштаанд. Ба навиштаи «Бунда-њишн» Машї ва Машёна дар ин рўз аз тухмаи Гайумарт зода шудаанд. Љашни Мењргон шаш рўз ба дарозо мекашид (шонздањум то бисту якуми Мењрмоњ), рўзи оѓози онро Мењргони њамагонї ва рўзи поёнии онро Мењргони вижа мехонданд. Ктезиус-таърихнависи юнонї менависад, ки шањриёрони њахоманиширо њељ  гоњ раво набуд маст шаванд магар дар рўзи љашни Мењргон, ки љомаи гаронбањои арѓувонї мепўшиданд ва дар бодапаймон бо дигар майхорагон анбоз мешуданд.  Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон дар ин рўз љомањои нав ба мардум мебахшиданд. Мубадон мубад хончаеро, ки дар он лимуву шакару нилуфару себу хўшаи ангури сафед ва њафт муруд гузошта  шуда буд, замзамакунон (божгирон) назди подшоњ меравад. Абурайњо-ни Берунї менависад: «Гўянд Мењр, ки номи Хуршед аст, дар чунин рўз падидор шуд ва ба-д-ин сабаб ин рўзро ба-д-ў нисбат додаанд. Подшоњон дар ин љашн тоље ба шакли Хуршед, ки доираи чархмонанд дар  он нињода шуда буд, ба сар мегузоштанд. Мењру Хуршед номи ду изади људогона аст, ки њар як ниёишњову ситоишњову сурудњои вижаи худро доранд. Страбон навиштааст, ки порсиён Хуршедро Мењр меноманд. (Рисолаи Љуѓрофиён, китоби 11, фасли 3, банди1). Аммо Бенвенист таъкид мекунад, ки Мењр пас аз Хуршед бармехезад ва дар гардунаи чањораспааш осмонро мепаймояд. Гўянд дар ин рўз Фаридун ба Зањњок даст ёфт. Дар чунин рўзе фариштагон аз осмон ба ёрии Фаридун фуруд омаданд, ба ёди он дар љашни Мењргон дар сарои подшоњон марде далерро мегумоштанд, ки бомдодон ба овози баланд бонг бармедошт: «Эй фариштагон ин рўз худованд заминро бигуста-ронид ва дар колбадњо равон бидамид ва дар ин рўз кураи Моњ, ки то ба-д-он њангом гўї торике буд, аз Хуршед рўшної гирифт». Аз Салмони Форсї наќл шудааст, ки гуфт:  «Мо дар замини Сомониён бар ин бовар будем, ки худованд ёќутро дар Наврўз барои зевари мардумон биофарид ва забарљадро дар Мењргон ва ин ду рўзро бар дигар рўзњои сол бартарї дод, чунонки ёќуту забарљадро ба дигар гавњарњо.
Спитмон (дар Авесто Спитама), номи хонадони зартушти паёмбар ва додгузори маздопарастист, номи яке аз сардорон , лафзан  ба маънии Спидмон (Сапедманиш) ё «бархурдор аз маниши поку равшан» бошад.
Мубад: (дар Авесто муѓупаити), унвони мубади бузург ё бузургтарин мубад дар миёни мубадон (пешвоёни дини зартуштї) аст. Дар Авесто гоњ Рату (= Рад) низ ба њамин маъно омадааст.
Муѓ: (аз решаи авестоии могу mogu ба маънии «кори бузург», «вазифаи муњим», «бузургиву шукўњ» дар санскрит ба маънии «дорої», «подош», ва «дињиш» аст. Дар даврањои муттаахир муѓ ба маънии мубад ё отурбон ва низ пайрави дини зартуштї ба кор рафтааст. Дар «Гоњон» аз ин вожа нишоне намебинем ва эњтимолан корбурди он марбут ба даврони тадвини Авестои нав ва шохаи ѓарбии дини зартуштї аст. Аммо чандин бор аз «мага ва магаван» сухан ба  миён омадааст. Аз љумлаи таркибњои муѓ метавон  инњоро ёд кард: пири муѓон, дайри муѓон, хароботи муѓон, муѓкада, муѓзода, муѓсаро, сарои муѓон, суннати муѓон, майи муѓона.
Навзут-(Навзуд): номи љашни куштибандї ва судрапўшї. Њиндуњо ба талаффузи гуљаротї онро Нављуд мегўянд.
Наск: китоб, ё як љилди китоби Авесто.
Нимрўз: ба маънии љануб, кишвари Марказї
Ниранг: вожаи пањлавист ба маънии оини ниёишу дуо:  ниранги оташ, ниранги куштї бастан, ниранги дастшў ва ѓайра. Ин нирангњо ёдовари дуоњоест, ки то ба имрўз дар миёни мардуми мусалмони Эрон ривољ дорад ва раммолону дуонависон дастандаркорони тањияи онњо њастанд. Ниранг пас аз ислом таѓйири маънї дода, ба сењру љоду, тилисм, шўъбадаву афсун ва њила ироа кардаанд. Ва ба таври ом  ин вожа ва таркибњои он монанди њила, њилагар, њилагарї маъмуланд. 
Паном: номи ду тика порчаи катонии сафед аст, ки бар дањон меовезанд ва бо ду навор аз пушти сар гирењ мезананд.
Патёра: газанд, осеб, офат, зиштї, айб, душман, ситењанда, мухолиф, зидд, мутаноќиз, њуљумоваранда, сифати Ањриману девон аст. Дар байни авом дашномест ба маънии зани гумроњу бадкирдору тундхў.
Подафра: сазои кори баду ношоиста ё мукофоту муљозот аст.
Подйоб, Подйобї: ба маънии шустушў ва покиза кардани тану ѓусл омада ва ба манзалаи вузў назди мусалмонон аст.
Пурушаспа: (ба маънии «дорандаи аспи пир»), номи падари Зартушт аст. Дар пањлавї ва форсї ин номро бо гунаи Пуршасп ва Пуршасб њам навиштаанд.
Саошйант (Саошйанс): дар Авесто Саошйант ба маънии «судбахш» дар маънии васеъ «рањонанда» ё «рањоибахш» аст. Онњо се нафаранд — Астватерета, Њушедар ва Њушедармоњ), ки дар поёни љањон барои наљоти башар меоянд. Саошйант—судрасон.
Спандармад: ба маънии «варљованд» ва «Орамаити» ё «Арама-ити», - андешаву фидокориву бурдборї ва созгориву фурўтанї.
Спента маинйу—хиради афзоянда, ки партави офаринандагии Худои Доно аст. Баргардонии Спента маинйу ба рўњи муќаддас, рўњулќудс, равони пок ба пайравї аз дини тарсої аст ва дуруст нест.
Сувра: номи яке аз ду афзорест, ки Ањура Маздо ба Љам медињад то онњо бар љањон фармон биронанд. Онро хиш, тир, нафир, сурнай, карнай, шайпур, суфтан—садо кардан ва ѓайра тарљума кардаанд.
Судра: пироњани динии зартуштиён аст, ки дар зери дигар љомањо мепўшанд ва куст (=кушти)-ро бар рўи он мебанданд. Судра пироњани сафеду сода ва кушоду бегиребон бо остинњои кўтоњ, ки баландии он то ба зону мерасад ва аз пеш чоке дар миён дорад то поёни сина, дар охири он чок кисаи кўчаке дўхта шудааст, ки онро кисаи керефа  мегўянд ва нишонае аз ганљинаи андешаву гуфтору кирдори нек аст. Пўшидани он аз синни булуѓ—понздањсолагї вољиб аст. Дар байни исфањониён барои навзодон љомаи суннатие бо номи седра мављуд аст, ки метавонад ёдгоре аз судраи зардуштиён бошад.
Сурўш: (дар Авесто Сраоша аз решаи «сру» ба маънии «шунидан, шунавої ва фармонбардорї, ба вижа шунавої ва фармонбардорї аз фармонњои изадї ва сухани худовандї»), номи яке аз бузургтарин изадону менуён дар дини маздопарастї ва намоди шунавоиву  фармонбародорї ва таљассуми парњезгориву дурусткирдорї аст.
Таурви:  номи деви ташнагист.
Тур, Тўрон, туронї: дар Авесто Тура, дар пањлавї ва форсї Турон номи сарзаминест фаротар аз Амударё (Љайњун) дар шимоли Ховарии Эрон ва Туирйа дар Авесто (= туронї дар форсї). Турк хонда шудани турониён ва Туркистон номида шудани сарзамини Турон, ки дар матнњои форсї ва арабї ва аз он љумла дар «Шоњнома» ба роњ ёфта, њосили як иштибоњест, бар асари муњољирати аќвоми турктабори Осиёи Миёна ба сарзаминњои бостонии Турон аз рўзгори Ашкониён ба баъд пеш омадааст.
Урват—ёр, дўст. Шояд, ки аз решаи ва ба маънии баргузидан мебошад. Зардушт ёрони худро ба ин ном ёд мекунад.
Фарвардгон: (Љашни…): номи љашни дањрўзаест, ки аз бисту панљуми Исфандмоњ то поёни панљумин рўзи Андаргоњ барпо мешуд. Љашни Фарвардин ё Наврўз, ки то кунун бузургтарин љашни солиёнаи њамаи эрониён, тољикон ва афѓонњост, ва оѓози бањору соли хуршедии эронї ба шумор меояд, њамон љашни Фарвардгон (Фарвардингон ё Фарвардиён) – и бостонист .
Фарохкарт: (дар Авесто Воурушка ва дар пањлавї Фарохкарт ё Фарохкард, ба маънии «фарох бурида»), номи дарёест бузург. Пури Довуд эњтимол додаст, ки ин дарё бо дарёи Хазар яке бошад ва дар ин бардошт ба навиштањои матнњои  гуногун истинод кардааст. Аммо Бањор дар баррасии љуѓрофиён асотири Эрон пас аз бањсу пажўњиши даќиќе ин дарёро бо уќёнуси Њинд яке мешуморанд.
Фар(р): (дар Авесто Хваран ё Хвараннгњ ва дар порсии бостон Фарна, дар пањлавї Хварра ё Хвараг, дар навиштањои монавї Фарра, дар форсї Фарр ё Фарра ё Хварра ё Хурра), фурўѓ ё мавњибататест изадї, ки њар кас аз он бархурдор шавад ва дар шањриёриву дингустарї бар њамгинон бартарї ёбад.
Фрададафшу: (дар пањлавї Фрададафш), номи кишвар ё иќлими љануби ховарист дар бахшбандии љањон ба њафт кишвар ё иќлим, ки дар Эрони бостон маъмул буд.
Хайун: (дар Авесто Хйуна ё Њйуна ва дар пањлавї Хйун ё Њйун ва дар форсї Хайун ё Њун), номи сарзамин ва мардуме будааст дар он сўи Амударё (Љайњун), ки ба эњтимоли зиёд яке аз аќвоми эронї ба шумор меомадаанд.
Хурдод: (дар Авесто Њаурватат ва дар пањлавї Хурдод ё Њурдод ба маънии «расої ва камол»). Яке аз фурўзањои Маздо Ањура номи яке аз Амшоспандон ва намоди камолу расоии офаридгор.
Хурдод (Рўзи…) номи шашумин рўзи моњ аст. Бино ба суннати зартуштиён, Зартушт дар Хурдодрўз аз моњи Фарвардин зода ва дар чунин рўзе ба паёмбарї баргузида шуд ва Гуштосп дар чунин рўзе дин пазируфт ва растохез дар њамин рўз барпо хоњад шуд. Ин рўз дар суннати эрониён Наврўзи бузург ё Наврўзи Хурдод хонда шуда ва ањамияти вижаї дошта ва оинњои хосе дар тайи он баргузор мешудааст. Њамчунин зартуштиён бинобар суннати худ, ин рўзро, ки зодрўзи Зартушт медонанд, љашн мегиранд.
Хуршед: (дар Авесто Њварехшаста, ба маънии «хури дурахшон»), номи кураи осмонии машњур ва номи изадест. Ёздањумин рўзи моњ ба номи ўст. Хуршед поккунандаи тухмаи Гайумарт (нахустинсони офаридаи Ањура Маздо) ва нигоњбони он аст.
Хшатра—аз решаи «хши»—обод кардан,  фармон рондан баромада. Вожањои шањр барои ободии бузург, ки дорои сару сомон бошад ва шоњ, ки ба маънии бунёдии худ касеро мегуфтанд, ки ободї падид меоварду рањнамої мекард, аз њамон хшатра њастанд. 
Њамастакон: (дар Авасто Мисвонагату, ё Мисванагату, дар пањлавї Њамистгон ё њамистагон ба маънои «љои даромехтагї»), номи љоест миёни бињишту дўзах, ки њар кас кирдорњои неку бадаш ба як андоза, ё њар кас, ки кирдорњоинекаш бар кирдорњои бад афзун бувад, аммо ситоишу ниёиши менувиён накарда боашд, равони ўро пас аз марг ба-д-он љо баранд ва то тани пасин (рўи Растохез) дар он љо бимонад.
Њаум: (дар Авесто Њаома, дар санскрит Сома), номи гиёњи муќаддас аст, ки афшурдаи он гунае ошомидании оинї ба шумор меравад. Аз нўшобаи Њаум бо сифати дурдорандаи марг ёд мешавад ва ба навиштаи «Бундањишн» Њаум сарвару шањриёри гиёњон аст.
Њвови: номи духтари Фрашаоштра ва њамсари Зардушт аст.
Њирбад—(дар Авесто Аерапаити ба маънии устод ва омўзгор), унвони гурўње аз пешвоёни динї  аст, ки ба корњои омўзишї мепардохтанд ва баъдњо  ба маънии пешвои динї ва мутародиф бо мубад ба кор рафтааст.
Њованна: (Њованї), ин вожа ки маънии Њовани бозмонда дар забони форсї аст, номи изади нахустин гоњ аз панљ гоњи шабонарўз (аз бомдод то нимрўз) аст. Њован яке аз варљовандтарин афзорњои оташкада  дар дини маздопарастї аст, ки њам Гиёњи Њаумро дар он мекўбанд то аз он нўшобаи оинии Њаумро ба даст оваранд ва њам бонги он (њангоми кўбидани Гиёњи Њаум фарохонист ба гирд омадани маздопарастон дар оташкада ва њамон наќши ноќус дар калисиёи масењиро дорад. Бархе аз пажўњишгарон бар онанд, ки ноќус њамон њован аст, ки монанди бисёре аз дигар чизњо ва нињодњо аз Мењроинї ба Масењият расида ва вожгуна дар калисо овехта шудааст.
Чайчаст: (дар Авесто Чаечастава дар пањлавї Чечаст ва дар форсї Чайчаст ва ба тањриф Хунљаст), номи дарё ё (дарёчае) асотирист, ки дар адабиёти порсии миёна (пањлавї) онро бо дарёчаи Урмия яке шумуранд.
Чиста: (дар пањлавї фарзонак ба маънии «донишу огоњиву фарзонагї»), номи изадбонуи донишу фарзонагист, ки бо сифатњои чун «Росттарин», «маздодода» ва «ашаван» тавсиф шуда.
Чинвод : (Чинвод = Чинвад = Чинвот ба маънии озмоянда, баргу-зинанда ва људокунанда), ин вожа ѓолибан дар Авесто бо перету (дар пањлавї пуњл) ба маънии пул ва гузаргоњ њамроњ меояд ва бар рўи њам Чинводпул ё Чинвотпул (= гузаргоњи доварї) номи пулест, ки ба эъти-ќоди маздопарастон, равони њар як аз мардумон дар чањорумин рўзи пас аз марг бояд аз рўи он бигзарад ва пас аз шинохта шудани кирдорњои нек пеш аз кирдорњои бад, равонаи бињишт ё дўзах шавад.
Љайни (=Љани): номи мављудест, ки Ганди беморињои гуногуни баромада аз дахмањои олуда ва бўйнокро дар андомњои мардумон ба андозаи як севум нерўмандтар мекунад. Љайнї, ё Љанї ба маънии умуман зан ва инчунин ба маънии зани бадкораву русапї ва Љањї—модадеви табањкору офаринишошўб –духтари Ањриман омадааст.
Љањї (Љањика): (дар пањлавї Љењ ба маънии зани фурумояву бадкор ва русапї), номи духтари Ањриман аст, ки Ањриманро ба тохтан ба љањони ањурої бармеангезаду ёрї мерасонад. Ў фиребандаву иѓвогари мардон аст ва дар асотири зартуштї занон аз ў падид омаданд.
Шањривар: ба маънои «Шањриёрии дилхоњ» дар «Гоњон» яке аз фурўзањои Маздо Ањура номи яке аз Амшоспандон, нигоњбони филиззњо ва посдори фарру пирўзии шањриёрони додгару ёвари бенавоён ва дастгири мустамандон менуи мењрубониву љавонмардї.
Эронвиљ: (дар Авесто «Аирйанаваеља» ё «Аирйанаваељангњ» , дар тољики Ориён вайљ, ба маънии «сарзамини эрониён», ё ориёињо, ё «паноњгоњу пойгоњи {аслии} эрониён»), номи сарзаминест, ки мардуми эронинажод дар оѓоз дар он мезистанд. Чунки аз корбурдњои муќаррарии ин ном дар Авестои нав (ба вижа дар фаргардњои якуму дувуми «Вандидод») ва пажўњишњои бисёре аз донишварон ва эроншиносону дастовардњои бостоншиносї бар меояд, ки ин сарзамин љое дар Осиёи Миёна, будааст.
 «Ясна» : (дар Авесто ба маънии ниёишу ситоишу парастиш), номи муњимтарин бахши Авестои кунунист, ки 72 њот дорад ва «Гоњон» - и панљгонаи Зартушт («Гоњон») низ љузви њамин 72 њот ба шумор меояд.
Яшт: дар Авесто йашти њамреша ва њаммаънои «Йасна» («Ясна») (= ситоишу ниёишу парастиш) ва «йаштар» аз њамин модда ба маънии намозгузору ниёишгару парастанда аст ва вожаи «љашн»-ро дар форсї аз њамин бунёд дорем.


                ==================


                Академик Нўъмон НЕЪМАТОВ
НОМАИ МУЊАББАТИ НИЁГОН
Пас аз тањаввулоти љиддитарини сиёсиву иљтимоии охири садаи бистум дар хусуси аслу насаби тољикон ва бисёр масъалањои мубрами таърихи кишвар саволњои зиёде пайдо шуданд ва нашр гаштани китоби пурмўњтавои Президенти Тољикистон Эмомалї Шарифович Рањмонов "Тољикон дар оинаи таърих" як амри хайр ва сариваќтї буда дар ин ќомусномаи ниёгон аксари кулли он саволњо љавобњои амиќ ва ќонеъкунанда дарёфтанд. Дар баробари ин, ба чандин мавзўъњои хеле кам интишорёфтаи таъриху тамаддуни ниёгони мо, аз он љумла, тамаддуни ориёї ва зуњури вахшури ориёї Зардушт бањои воќеї дода шуд. Ва ташаббуси мењанпарастони асил, дўстдори таърихи ниёгон, узви Маљлиси Миллии Маљлиси Олї, Мањмадрањими Карим ва нависандаи љавон Љумъа Ќуддус, ки низ ба мавзўъњои таърихи кишвар таваљљўњи хоса дорад, шоистаи тањсин аст. Ба њарду муяссар шудааст, ки дар натиљаи омўзиши зиёд рўњияи замон ва мардумон, њаќиќати таърихии сї садсола пешро дар шакли марѓуби бадеї эњё кунанд.
Муносибатњои мураккабу пурмуаммои шоњони ориёї Виштосп ва Арљосп дар робита бо зуњури Зардушт барои иншои асарњои воло маводи зиёде фароњам меоварад. Ва роњу равияи интихобкардаи муаллифон дуруст буда, дар баробари риоя намудани њама гуна талабњои асари бостонї, барои ба вуљуд овардани як достони пуршўри шоистаи замон низ мусоидат намудааст. Мавќеи ишѓолкардаи муаллифон дар масъалањои таърихи сиёсии ањди каёниён ва таърихи дини ниёгон комилан дуруст аст.  Бегуфтугў, тамаддуни Ориёнои бузург дар шароити муборизањои нахустин сурат гирифта, номи ќавмњои ориёиро дар тўли њазорсолањо зинда нигоњ дошт ва тамаддуни он халќиятњое, ки минбаъд бо тохту тозњои худ мардуми ин кишварро истило намуданд, асли онро дигар карда натавонист. Муаллифон љињатњои инсонї ва таълимоти дар хусуси ташаккули шахсияти инсони воло дуруст фањмида, аз тафсири нолозими дини куњан даст кашида, њама талошњои ўро барои тарбияи инсони фаъол ва худошинос ва муборизи некї тасвир намудаанд. Њаќ бар љониби онњост, ки "имрўз эњё кардани дини куњан маъное надорад, вале љињати фарњангии он барои омўзиши таърихи ниёгон ва ифтихор аз ниёгони мо, барои комил намудани ахлоќи њамзамонон хизмати бештаре хоњад кард. «Муњити сармову гармои шадид мардумони ориёиро ба талошу муборизањо барои њаёт водор сохт ва бештар ба зиндагии амалї равона кард ва дар ин талошњо эњтиёт намудани табиатро омўхт. Азбаски асарњои адабию сиёсиву илмии даври пешдодиёну каёниён то ањди юнониён асосан дар шакли динї сурат мегирифтанд, дар Авесто дар баробари бовару эътиќодњои динии замон њама гуна меъёрњои ахлоќї, илми табиатшиносї ва инсоншиносии замон таљассум ёфтааст. Ва ин хулосањои овардаи муаллифон аљиб аст, ки мањз хулќу рафтори мардумони ориёї, боварњои онон ба пирўзии нињоии некї бар бадї, њаргиз навмед нашудан ва даст накашидан аз пайкор, рўњи мардонагї ва баландњимматии онон ба асари љовидонии Зардушт шукўњу шањомати хоса бахшид. Яъне дар асар рўњи мардум ва талошњои онон барои зиндагии хуб дар асоси хирад ва илму њунари замона маќоми бештаре ёфтааст.
Хеле хуб аст, ки муаллифон дар мавриди муайян намудани мањалли зисти ориёињо-ќавмњои аирйама ва туирйа (тўронињо)  аз пайи бисёр њангомаљўён нарафта, мавќеи дурустро ишѓол кардаанд. «Пањнои Ориёно, ё худ Ориёнвиљ (Ориён вайљ) хеле бузургтар буда, ќисми зиёди ќитъањои Осиёву Аврупоро дар бар мегирад ва онро дар њудуди як-ду шањрак ё водии кўчаки имрўза љой додан салоњ нест, њангоми кўчишњои бузург орёињо номњои мењану зодгоњи нахустини худро њамроњи худ бурда, ба љойњои нав муќимшудаашон менињоданд. Ва имрўз даќиќан муайян кардани њудудњои љуѓрофии он замони хеле дур кори ѓайриимкон аст». Аслан истилоњи Ориёно дар њазораи дуюм ва якуми пеш аз милод ифодакунандаи номи кишварњои умумии Эрон, Афѓонистон, Осиёи Миёнаи имрўза буд.
Ин њама дар натиљаи омўзишњои зиёд ва мурољиат намудан ба сарчашмањои асили илмї ба муаллифон даст дода, љињати таърихию воќеии асарро хеле пурќувват ва боъэътимод намудааст.  Бинобар ин, ман самимона муаллифонро бо ин кори хайр ва гаронќадр табрик менамоям ва умед мекунам, ки ин романи таърихї њамчун баёнгари симои ниёгони мо, тољикон, дастраси дигар халќу миллатњо низ шуда, таваљљўњ ва муњаббати мардумони дигарро ба халќи азизи мо бештар хоњад кард. 
40. Њокимият—партави Худованд.................................187
41. Суќути Дарељйа, зодгоњи Зардушт ……..................193
42. 43. 44. Виштосп баракат мехоњад.........................................208
45. Илњоми 46. Ќарори ќатъии Виштосп............................................219
47. Зардушт байни мардум меравад..........................….222
48. Неруи дањгонаи мардумон........................................225
49. Шоњзода ба маќсад расид.........................................226
50. Умедњои Бендва аз дарбор. ......................................228
51. Ишќи 52. Ишќи Бендва бар Чечист..........................................238
53. Сирри модадев………............................................….242
54. Оќибати кори Чечист……..........................................254
55. Арљосп Датушро ќурбонї мекунад...........................251
56. Виштосп осоиш мељўяд………....................................256
57. Зардушт асири чодарнишинон шуд…...............….....257
58. Норашнї аз Зардушт шифо мељўяд...........................261
59. Ѓами Виштосп. 60. Базми 61. Суврва тавба 62. Суврва дар Њинд .......................................................281
63. Ишќи 64.  «КЕМНА МАЗДО». Худо бо ман аст!...................392

                ЌИСМИ ДУВУМ
ЭРОН ВА 65.  Фоли 66. 67. Тулўи бахти 68. Бањмани 69. Марги
70. Таљассуми Худо ва сурати Маниши нек..................333
71. Њ икояти 72. 73. Њанљамана. Имтињон............................................…..344
74. Девони 75.  Виљдон, дин, 76. Виштосп кеши Зардуштро пазируфт.................….....359
77. Макри 78. Машќњо ва хунрезињо дар ќаламрави Норашнї. ....366
79. Оташи Бањром афрўхта шуд…...................................368
80. Суврва дар Њинд норозї шуд................................…..374
81. Љосуси 82. Бахти фарзандони Зардушт…...................................385
83. Поуручиста интихоб мекунад....................................387
84. 85. Зиё ва Риё. Ранљи беохир......................................…...397
86. Муѓон ва 87. Кишоварзї  пешаи эзадист...................................…...405
88. Йо њенти—Инон, ки њастонанд...........................…....407
89. Парастандагони оини Бон…........................................409
90. Парастандагони Буддо.................................................414
91. Парастандагони зар, ё  Ё ДЕВЊОИ ВЙАМБУРА.….........
92. Парастандагони фарзанд….........................................551
93. Њасрати 94. Хоби Виштосп ва девони дупо…..............................558
95. Бањмани тавбашикан….............................................563
96. Рад  пешдастї мекунад. Имтињони Зардушт............568
97. Зарир ва 98. Обдуздї шуѓли фоидамандест................................…590
99.  Хшмайебйа Гаушурван, ё  санги баѓали Бендва.......596
100. Арљосп найранг мекунад….......................................615
101. Заремайа—асири хонагї.......................................…621
102. Ѓазаби 103. Войи 104. Нолаи  Зави пањлавон….............................................632
105. Пешгўии 106. Шаби пеш аз љанг…...................................................640
107. Мантра алайњи љанг................................................648
108.  Куштаи 109. Љангњои 110. Кини 111. Тамѓаи 112. Љанги Зарир ва Заремайа…......................................664
113. Хиёнати Норашнї…...............................................670
114. Ављу аљзи 115. Хотимаи кори тавбашикастагон….........................681
116. Фарљоми кори мардумизодагони девсор..........…685
117. Армони 118. Рўъёи охирини Зардушт......................................…693
                Илова
Вожаномаи фарњанги бостон. ………….........................712
Нўъмон Неъматов. Номаи муњаббати ниёгон ...........786
Ато Њамдам. Яшти Ориёно. ……............................……788
Саидмурод Бобомуллоев. Ифтихорномаи ниёгони мо...793

Об этой книге


Рецензии