Чехов Юбилей - Чашн перевод на таджикском
Љ А Ш Н
Њазл дар як парда
Тарљумаи Љумъа ЌУДДУС
Душанбе - 2018
Иштироккунандагон:
Шипучин Андрей Андреевич, - Хордоров раиси ташкилоти ќарздињии байнињамдигарї, на чандон пир, бо айнаки якчашма. Мекўшад шоирона бо ќофияву санъати саљъ сухан гўяд. Вале гоњо даст намедињад ва хандаовар мебарояд.
Татьяна Алексеевна, (Яѓмо-бону) – зани ў 25 -сола. (чак-чаќї, бо эњсос, бе парда њарф мезанад)
ХиринКузма Николаевич- (Бемадоров) њисобчии пири бонк, ќањролуд, вале ѓазаб карданаш хандаовар.
Мерчуткина Настасья Федоровна – Ченучоќова.
Кампир дар палтои дароз.
Муштариёни бонк.
Хизматчиёни бонк.
Амалиёт дар бонки ќарздињии байнињамдигарии Н. мегузарад.
Дафтари кории раиси бонк. Аз чап дари утоќи амалиёти бонкї. Ду миз. Ороиши муњташам: мебели махмалпўш, гулдонњо, муљассамањо, колинњо, телефон.
Хирин танњо, гарм пўшидааст, дар по валенка – намадмўза
Хирин Мурдам-е… Чор шабонарўз аст, ки миљља намезанам. Аз субњ то шаб дар ин љо менависаму аз шаб то рўз дар хона! (Сулфаи дашноммонанд). Бало занад, боз тамоми узвњоям шамол хўрдааст: табу тоб, гўё ки ломка ќапидааст… Њарфу раќамњо дар назарам мисли бало метобанд. (Мешинад). Имрўз качалпои мо - раиси муттањам, дар љаласаи раёсати бонк бояд маърўза хонад: «Дирўзу имрўзи бонки мо – дирўзу имрўзи њаёти шумо…» (Сулфаи тањќиромез). Уњу…Ду… як… як… шаш… сифр… њафт… баъд шаш… сифр… як… шаш… Мехоњад ба чашми њама хок пошад. Барои њамин бояд ман барояш хар барин љон канам… Худаш ѓайр аз оњанги шоирона чизе барои маърўза маслињат надодааст. (Сулфаи тањќиромез). Бало занадаш! Тоќатам тоќ шуд. (Чўт мезанад). Як… ду… се… њафт… ду… як… сифр… Вале ваъда дод, ки мењнатамро ќадрдонї мекунад. Агар њамааш наѓз гузараду ба чашми мардум хок пошида тавонад, тамѓаи тиллоии бонк ва сесад рубл мукофот медињад. Мебинем… (Менависад). Вале… вале агар зањматњои ман барбод равад, хоки хунук мешавад… аз ќоќи нав мешавад. Лекин ман одами тез… Табъамро хира кунанд, љиноят њам карда метавонам… Ана њамту...
Навиштанро бо шавќ идома медињад.
Як… сифр… сифр… сифр… яъне, њазорон касоне, ки аз бурсњои шумо бурд карданд; Як… сифр… сифр… сифр… яъне њазорон ятимони хушбахт, ки аз лутфу эхсони бонк бе падар буданашонро эњсос накарданд; Як… сифр… сифр… сифр… - яъне њазорњо бевазанњои мушти пар, ки аз ѓамхории шумо бе шавњар будани худро аз ёдашон бароварданд! Ин њама– натиљаи зањматњои шабонарўзии раиси бонки мо Андрей Андреевич бар муштариён – саѓиру кабир, беваю бечора аст… Эњња, ин каљпо - раиси доимо кайфии мо хеле зўр будааст - ку? Пас чаро бар ивази зањматњои харонаи ман танњо 100 рубл медињаду халос?! Уф… девона мешавам. Ё ин дурўѓ аст? Уффф. Айби худам. Рост-да… Медонам, ки дурўѓ аст, вале менависам, медонам, ки сафсатта аст, вале худро аз навиштан дошта наметавонам… чор шабонарўз инљониб менависам. Чашмонам пилик-пилик кунанд њам тоќат мекунам… тоќат… Э, хайр, як дам чашмама пўшам…
Худро ба диван патофта зуд хобаш мебарад.
Чанд нафар марду зани рўяшон пўшида медароянд. Ўро аз диван бардошта алвонљ медињанд. Занњо гўшњояшро мекашанд. Мардњо коѓазњои маърўзаро аз миз гирифта тит мекунанд, ба њаво мепартоянд. Хирин коѓазњоро доштанї шуда, ба занњо бархўрда меафтад. Занњо коѓазњои маърўзаро мехоянд, яке аз занњо коѓазњоро аз дами корд мегузаронад.
Хирин. О-оњ! Шомгоњон дар хона занам барои маърўзанависї халал эљод мекунанд, дар љойи кор шумо, занњо намемонед, ки маърўзаро навишта тамом кунам! Ба худи ман њељ даркор не, вале раис ба ман 300 рубл мукофот ваъда кардааст! Шумо намехоњед, ки як бор кисаи ман пулро бинад!? Њама муќобили маърўза! Њама ба муќобили ман!
Хирин ба зан њуљум мекунад. Мардњо Хиринро бардошта ба диван мепартоянд ва дасташро бо палтои дарозаш мебанданд. Зан корди аз дамаш коѓазњои маърўза гузаронидаашро ба дили Хирин заданї мешавад. Хирин фиѓон мекунад.
Хирин. О-оњ… Хайрият, ки хоб аст. … Дилам сих мезанад. (Љониби дар меравад; баланд). Њой, ягон кас њаст? Ба 15 дирам доруи дил ва як дўлча оби тозаи бепул оред! (Назди миз меравад).
Дар ќафои сањна маѓал ва кафкўбї овози Шипучин: «Мутаассирам! «Муассирам! Муќассирам!!» Шипучин дар тан фрак, дар гардан тавќи сафед медарояд. Дар дасташ албоми нав ба ў таќдимшуда.
Шипучин (аз назди дар љониби толори амалиёти бонкї њарф мезанад). Мутакаббирам! Ин туњфаи лазизи шуморо, ай њамкорони азиз, чун хотира аз рўзњои љавонии бењтарин нигоњ медорам то дами вопасин! (Бўсаи њавої мефиристад, назди Хирин меояд).
Хирин. Балои охирзамон омад …
Шипучин. Кузма Николаевичи волоњазрат, илоњо, накунї њељ гоњ њасрат!
То замони дар сањна будани ў кормандон дар даст коѓаз дардар имзояшро гирифта баромадан мегиранд.
Хирин. Шарафмандам шуморо Анндрей Андреичи азиз, ба шарафи 15-солагии бонк табрик гўям! Таманно дорам, ки дар ќатори њазорон саѓиру кабир, беваю бечора як бор мани пири хизматгоратона бо 300 рубл …
Шипучин. Ташаккур, љону љигар. Табрикоти шуморо ба љон ќабул мекунам! Ба муносибати љашн шуморо њатто бўсидан мумкин, дар ин дунёи дудар, эй фарзанди падар! Мутаќарнаям! Мутанарнай!
Мебўсанд.
Хирин. Ташаккур.
Шипучин. Агар 15 сол дар бонк ягон зарра кори мутаљарнай карда бошам, бо шумо, њамкорони азиз, кардам! 15 сол њазл не. Ба худо, ки ман Шипучин – Хардоров, эъ Хордоров набошам! Рафиќи айёр, маърўза тайёр?
Хирин. Ња… андаки дигар монд, ягон 5 сањифа.
Шипучин. Олиљаноб, то соати се буд мешавад.
Хирин. Агар ягон кас халал нарасонад. Чанд гапи дупула мондааст…
Шипучин. Олиљаноб! Ман Шипучин – Хордоров набошам! Маљлисро соати чор мегузаронем! Кабўтаракам, тољи саракам, ними аввалашро дињед, вараќ занам. Ин маърўза њаёту мамоти ман! Яъне profession de foi! яъне фейерверк – фаввораи сухан! Ман Шипучин-Хардоров, эъ, Хордоров набошам! Лекин хар барин монда шудам. Шаб боз дарди унзайлинам ќапид… аз сањар боз њаяљон, бўсањо… кафкўбињо, пойкўбињо! Боз бўсањо… ажитатсия, декламатсия, прастатсия…
Хирин (сулфаи дашноммонанд карда ишора менамояд, к ибо лаќќигиаш раис халал мерасонад; менависад). Ду… сифр… сифр… се… нўњ… ду… сифр…
Шипучин. Дарди шумо њам ќапид?
Хирин Аз раќамњо чашмонам хира шуданд! (Чўт мезанад). Се… як… шаш… чор… як… панљ… Мукофоти ваъдагии шуморо гирам, дурусттар табобат мекунам. Агар бадбахтї шуда…панљ… як… панљ… боз ќазо карда намонам.
Шипучин. Дарвоќеъ, бадбахтии дигар сар шуда истодааст: сањар занатон ба наздам омада, аз болои шумо шикоят кард. Гуфт, ки дина шаб бо корд ба ваю хоњарарўсатон њуљум кардед…
Хирин. Охир… ба маърўзанависї халал расонданд…
Шипучин. Њай, њай… Ин чї рафторест бо занњо, Кузма Никалаевич? Чї кирдоре? Занњо гули сари сабади мо.
Хирин (сулфаи дашноммонанд). Ба шумо гул, ба мо хор мерасад. Љуръат карда, хоњиш мекунам, Андрей Андреич, аќаллан ба хотири мењнати харонаам дар љињати иншои маърўза, ба корњои харонаи ман, эъ, хонагию оилавии ман дахолат накунед. Илтимос…
Шипучин. Ба шумо ќоил, шумо одами зўр, Кузма Николаевич, љиддї, вале нисбат ба љинси латиф нолатиф њастед! Чаро шумо занњоро ин ќадар бад мебинед?
Хирин. Ман њам намефањмам, ки чаро шумо занњоро ин ќадар дўст медоред? Куљои онњо ба шумо маъќул!?
Сулфаи дашноммонанди њарду.
Шипучин. Уњм… Хайр, аз пайи кор мешавем… Кормандони бонк ба ман сипоснома таќдим мекунанд. Аъзои бонк, тавре хабар дорам, ба ман сипоснома ва дўлчаи нуќрагї таќдим мекунанд. (Бо айнакаш бозї карда). Ман Шипучин-Хордоров набошам! Ин барои обрўи бонк лозим. Наѓз. Шумо одами худї, медонед: сипосномаро худам навиштам, дўлчаи нуќрагиро њам худам харидам. Барои муќовааш чилу панљ рубл додам. Аќли худашон намегирифт. (Ба атроф нигариста). Ороишро бинед! Мегўянд, ки ман майдагпам: дилам мехоњад, ки… «Дилам меход ба Исфањон баргардамя»… Эъ, дилам мехоњад, ки кулфи дарњо тоза бошанд, ходимон бо тавќњои мўди охир биёянд, дар дами дар ќаровули фарбењ истад. Ин майда-чуйда не. Дар хонаи худам ман метавонам хук барин нўшида, бўй карда хобам…
Хирин (сулфаи дашноммонанд). Бе киноя, хоњиш мекунам…
Шипучин. Девори намкаш нашавед. Аљаб феъли бад доред! Такрор мекунам: дар хона метавонам, чун одами нодида бо завќи паст гардам. Вале ин љо бонк! Коргоњ! Њамааш бояд en grand бошад! Муњташам! Муњтарам! Мутабаррак! Мутаѓаррак бошад! Дарвоќеъ, имрўз љашн аст, њар замон одамон барои табрик меоянд, вале шумо, бо гулўбанд, намадмўза, тавќатон пайтоба барин, рангаш пиљакатон мисли вай… ким-чї хел… вањшї… Фрак пўшед, њељ набошад, суртуки сиёњ…
Хирин(сулфаи дашноммонанд). Ба ман саломатї даркор. Њама аъзои баданам шамол хўрдааст.
Шипучин. Не-е… њамааш?
Хирин. Ња-а.
Шипучин. Вале ин бетартибї. Шумо њамоњангии ансамблро вайрон мекунед!
Хирин. Агар вакилон оянд, пинњон мешавам. Њељ ќисса не… Њафт… як… њафт… ду… Ман њам бетартибиро бад мебинам… Њафт… ду… Тоќати бетартибї надорам! Кори савоб мекардед, агар занњоро ба зиёфати љашнї даъват намекардед.
Шипучин. Сафсатта…
Хирин. Њоло мебинед, шумо барои воњима толорро аз занњо пур мекунед, вале онњо корро дўлоб мекунанд, як бўхча гап гирифта, чандин сол ѓайбат мекунанд. Обрўи набударо мерезонанд…
Шипучин. Баръакс, занњо обрўи моро баланд мекунанд. То љањон буд, зан болои љон буд…
Хирин. Балои љон буд… Ана дирўз зављаи муњаррамаатон як гапњо гуфт, ки ду рўз ба худ наомадам! Наход, ки рост бошад?
Шипучин. Дар бораи ману вай?
Хирин. Ња-а…
Шипучин (асроромез). Чї гуфт?
Хирин (аз ташвиши Шипучин тарсида). Не, вай дар ин борае, шумо гумон доред, не, дигар чиз гуфт.
Шипучин. Хайрияте-е… Мисол…
Хирин. Мисол, нохост дар пеши бегонањо пурсид: «Рост, ки шавњарам актсияњои дар биржа беќурб шудаи бонки «Дринг-прингро» харидааст?!
Шипучин. Хайр, чї?
Хирин. Ба вай сирратонро нагўед.
Шипучин. Хайр, чї? Дар ин љо чї сирр њаст?
Хирин. Актсияи бе ќурб, охир… Ња, мехоњед ба шумо парвандаи љиноятї кушоянд?
Шипучин. Чаро бояд ба ман парвандаи љиноятї кушоянд?
Хирин. Зеро ки ин амал ба моддаи ќаллобї ворид мешавад.
Шипучин. Росту… э, хайр, бас. Дар рўзи тўй мотам накунед. Дарвоќеъ, ба ёдам овардед: њозир зављаи муаззамаам меояд. Бояд ба вокзал рафта пешвоз мегирифтам, вале фурсат куљост? Бовар кунед, аз дидораш ношодам. Дили ман мехохад, ки боз ду-се рўз дар хонаи очаљонаш истад… Аммо дили вай мехоњад, ки тамоми шомро бо ў бо… шеърхонї гузаронем. Вале мо баъди зиёфати љашнї саёњат ташкил кардаем … (Меларзад). Ана аз асаб боз дастам меларзад. Не, ќавї будан даркор! Шипучин-Хордоров набошам!
Татьяна Алексеевна, дар тан либоси ватерпруф (бо риштаи бофта), дар китф сумкаи сафарї меояд.
Татьяна Алексеевна. Салом! Салом! Салом
Шипучин. Ана, номаша гиру гўшаша каш!
Татьяна Алексеевна. Азизам! (Дурудароз мебўсад).
Шипучин. Навакак туро ёд кардем.
Татьяна Алексеевна. Ёд кардї, бечора? Ман њам! Ба хона њам надаромада, аз вокзал рост ба ин љо давидам. Як гала гап дорам. Агар нагўям, мекафам. Либосама накашам-чї? Зуд мегўяму меравам. (Ба Хирин).Салом, Кузма Николаевич! (Ба шўяш). Дар хона тинљї?
Шипучин. Њамааш хуб. Лекин ранги рўят даромадааст, тарангак шудаї. Ба фикрам, сафар наѓз гузашт…
Татьяна Алексеевна. Олиљаноб. Очааму Катяљон салому таъзим фиристоданд. Василий Андреевич хоњиш кард, ки туро бўсам. (Мебўсад). Бибиам мураббо фиристод. Зина хоњиш кард, ки туро бўсам (Мебўсад). Оњ, медонї, чї шуд? Аљаб воќањои аљибу ѓариб рўй доданд? Чї ба ту? … Аз нигоњи чашмонат мебинам, ки ба ту маъќул не!
Шипучин. Баръакс… Давом дењ, азизам…
Хирин махсус месулфад.
Татьяна Алексеевна. Оњ, Катяљони сарсахт! Чї ќадар ба вай рањмам меояд! Дилам месўзад!
Шипучин. Азизам, имрўз љашн, вакилон меоянд, вале ту дар либоси сафарї...
Татьяна Алексеевна. Ба ростї? Табрик мекунам. Пас, имрўз зиёфат њам мешавад. Сипосномаи бо азоб навиштаатро ходимони бонк барои ту њамир рўз мехонанд?
Хирин махсус месулфад.
Шипучин. Азизам, дар ин хусус баланд гап намезананд. Бењтараш, хона мерафтию…
Татьяна Алексеевна. Хозир, њозир… дар як даќиќа мегўяму меравам. Дар вагон дар шафати як зани фарбењ љой гирифтам, се истгоњ гап назада, китоб хондам. Вале баъди шом фикрњои вазнин пайдо шудан гирифтанд. Рўбарўям як љавон менишаст, њамтуяк, вале бад не, сиёњмўяк… камтар… чаќ-чаќ кардем. Баъд як маллоњ омад… Шўх… вале ман љиддї… Баъд як студент даромад. (Механдад). Гуфтам, ки шавњар надорам. Ана баъд мењрубонї ба ман сар шуд! То ними шаб латифагўї карданд. Махсусан, маллоњ. О-о-оњ… Аз хандидани бисёр дилам ба дард омад. Ваќте маллоњ фањмид, ки номам Тантяна аст, якбора суруд хонд:
Татяна-љон, Татяна-љон,
Ошиќам ман аз дилу љон!
(Онегин, нахоњам дошт аз ту пинњон,
Ошиќи Татянаам аз дилу љон!)
Хирин махсус месулфад.
Шипучин (дањонашро бо даст баста). Мо ба Кузма Николаевич халал мерасонем.
Хирин. Пушкин њамин хел навиштааст?
Татьяна Алексеевна. Пушкин њар хел менависад. Ба ман њаминаш маъќул. Баъд медонї, маллоњ ба чашмонам нигариста чї гуфт?
Шипучин. Азизам, хона рав. Баъд њикоят мекунї… (Паст). Дар пеши одами бегона хуб не…
Татьяна Алексеевна. Бигузор фањмад. Ин хеле ѓалатї. Ман њозир тамом мекунам. Дар истгоњ Серёжа ба пешвози ман баромад. Боз як љавон пайдо шуд, ким-чї хел нозир будааст. Бад нест… дилкаш… махсусан чашмонаш…
Шипучин (дањонашро бо даст баста). Баъд мегўї.
Татьяна Алексеевна. Серёжа ўро шинос кард ва мо секаса рафтем…
Шипучин. Уф…
Татьяна Алексеевна. Њаво олиљаноб буд…
Дар ќафои сањна овозњо: «Мумкин не! Иљозат нест! Ба шумо чї лозим?» Мерчуткина медарояд.
Мерчуткина (назди дар бо касе часпу талош карда, ўро тела медињад). Ман зављаи мирзои сатњи губерния! Маро наќапед? Ман ќитиќ дорам! Ба ман худи Раис даркор! (Медарояд, ба Хирин) Дуруд, љаноби волоњазрат… Шарафмандам арз кунам: зављаи мирзои сатњи губерния Настасья Мерчуткина - Шўшагул Ченучоќовна-с.
Хирин (љониби Шипучинишора мекунад).
Мерчуткина (ба Шипучин). Дуруд, љаноби волоњазрат… Шарафмандам арз кунам: зављаи мирзои сатњи губерния Настасья Мерчуткина - Шўшагул Ченучоќовна-с.
Шипучин. Ба шумо чї лозим?
Мерчуткина. Ба диќќати шумо, волоњазрат, шавњари ман мирзои сатњи губерния, панљ моњ бемор шуд ва њангоми дар хона дар муолиља буданаш, ўро бе њељ сабаб аз вазифа озод карданд. Ва њангоме, ки ман барои гирифтани маоши вай рафтам, онњо љинояткорона бисту чор рублу сиву шаш тинашро боздоштанд. Ман пурсидам, ки барои чї? Онњо гуфтанд, ки аз кассаи рафиќона гирифта буд, њамкорон кафолат додаанд. Вале, љаноб, чї тавр ў метавонистааст, ки бе ризогии ман пул гирад? Ин њељ мумкин не, волоњазрат! Ман зани кампул, аз њисоби иљорашинњо нон мехўрам. Ман як мушти пар, лаби латта, паршикаста… Аз њама азият мебинаму њарфи рањмат намешунавам…
Шипучин. Марњамат кунед. (Дархосташро гирифта мехонад).
Татьяна Алексеевна. Њамаашро аз нав њикоят мекунам. Њафтаи гузашта нохост аз модарам нома гирифтам. Навиштааст, ки кадом як Грендилевский – Кирмакзодаев дасти хоњарам Катяро пурсидааст. Катяљон духтари хушќаду ќомат. Грендилевский Марди хушќаду ќомат, ман-боб, вале касбу кор, аслу насаб, табаќааш номаълум. Бало занад, Катяљон њам ба ў дил додаасту як муддат бо њам будаанд.
Хирин. Як… сифр… хоњарам Катя хушќаду ќомат… Ду… сифр… сифр… Ба ў дил додаст. Сифр… панљ… Катяљон як муддат бо њам… сифр… Э, хоњарата… Ман чї навиштам? (Навиштаашро хат мезанад).
Татьяна Алексеевна. Пас, чї бояд кард? Модарам навишт, ки ман зуд раваму Катяро ба роњи дуруст андозам.
Хирин. Се… сифр… Модар навишт… панљ… сифр… Катяро ба роњи дуруст… Уф… Эъ, модарата… Бало занад. Ин чї гапе!? (Навиштаашро хат мезанад).
Татьяна Алексеевна. Чаро дашном медињед?
Хирин. Э, дар очаву хоњарат… садќа! Як дам Катя мегўед, як дам оча… Сарама гаранг кардед. Ман намедонам, ки раќамњо куљо рафтанд – њамаашон дарњам-барњам шуданд.
Татьяна Алексеевна. Заб чї будааст! Раќамхўр… Ваќте бону гап мезанад, шумо гўш кунед. Ња? Чаро ин ќадар ќавоќатон овезон? О-о-ошиќ шудед? (Механдад).
Шипучин (ба Мерчуткина). Лутфан, њељ чизро нафањмидам.
Татьяна Алексеевна. Ошиќ шудед!? Бале, бале! Ана, сурх шудед…
Шипучин (ба занаш). Таняљон, як дам ба дафтари муњосибот даро.
Татьяна Алексеевна. Хуб. (Бо ќањр меравад).
Шипучин. Њељ чиз нафањмидам. Ба фикрам, хонум, шумо ба љои дигар афтидед. Ин дархости шумо мутлаќо ба мо дахл надорад. Шумо лутфан, зањмат кашида, ба љое мурољиат кунед, ки шавњаратон кор мекард.
Мерчуткина. Отаљон, ман аллакай ба панљ љо рафтам, вале дар ягон љо дархости маро ќабул накарданд. Сарам гиљ шуд. Рањмат ба домодам Борис Матвеич, аќл ёд дод, ки ба шумо мурољиат кунам. «Шумо оча, ба Шипучин - Хардоров, эъ, Хордоров мурољиат кунед, -гуфт ў, - Он кас одами баобрў, њама кор аз дасташон меояд » - гуфт. Ёрї дињед, волоњазрат!
Шипучин. Мо, хонум Ченучоќова ба шумо њељ мадад расонда наметавонем. Фањмед, охир, шўи шумо аз рўи гапатон, дар сохтори њарбии тиббї хизмат мекард. Вале коргоњи мо як муассисаи хусусї, тиљоратї аст. Мо бонкем! Чї хел намефањмед?
Мерчуткина. Волоњазрат, дар бораи бемор будани шавњарам гувоњномаи духтур њаст. Ана, лутфан назар кунед.
Шипучин (бо асабоният). Олиљаноб. Ман ба шумо бовар дорам, вале такроран арз мекунам, ки ин ба мо даъхл надорад.
Дар ќафои сањна садои хандаи Татьяна Алексеевна, сипас хандаи мард баланд мешавад.
Шипучин (ба дар назар андохта). Вай дар он љо ба кормандони бонк халал мерасонад. (Ба Мерчуткина). Аљиб ва њатто хандаовар. Наход, ки шўи шумо ба куљо мурољиат карданашро надонад?
Мерчуткина. Вай, волоњазрат, њељ чизро намедонад. Ба умеди вай мешудам, бача њам намешуд. Фаќат як гапа такрор мекунад: «Кори ту набошад, гум шав!»
Шипучин. Ман? Куљо гумм шавам? Ман дар идораи худам.
Мерчуткина. Не. Вай, шўям њамин хел мегўяд: «Кори ту набошад, гум шав!» – мегўяд. – Тамом, вассалом, мегўяд. Ман мегўям…
Шипучин (ба як тараф). Э, шўят пеш-пеш, худат аз ќафо, гум шав-е. (Ба Мерчуткина). Такрор мекунам: шўи шумо дар сохтори њарбии тиббї хизмат мекард. Вале коргоњи мо як муассисаи хусусии тиљоратї...
Мерчуткина. Хуб… Шуморо мефањмам, отаљон. Дар ин сурат хоњиш мекунам, бифармоед, ки дар навбати аввал 15 рубл дињанд. Омодаам њамаашро якбора нею, ќисм-ќисм гирам.
Шипучин. Худоё…
Хирин. Андрей Андреич, дар ин ѓавѓот ман њељ гоњ маърўзаро тамом карда наметавонам!
Шипучин. Њозир тамом мекунем. (Ба Мерчуткина). Маро фањмед, хонум. Ин дархости шумо тааљљубовар аст! Ба дараљае хатост, ки шумо барои, мисол, талоќ гирифтан ба дорухона ё хаймаи хунгирї мурољиат намоед…
Мерчуткина. Не, не, ман талоќ доданї нестам.
Шипучин. Барои мисол гуфтам…
Таќ-таќи дар. Овози Татьяна Алексеевна. Андрей, рухсат дењ, дароям?
Шипучин(дод мезанад). Андаки дигар сабр кун, азизам… (Ба Мерчуткина).Ба шумо маоши шавњаратонро кам доданд. Вале ин ба мо дахл надорад. Ин як! Дуюм, мо љашн дорем, њушу ёди њамаамон бо љашн овора. Њозир мењмонон меоянд. Ин се…
Мерчуткина.Љаноби волоњазрат, ба мани саѓира шафќат кунед. Ман як зани бечора, мушти пар, лаби латта, паршикаста. Аз љонам сер шудам… намедонам чї кор кунам? - Бо иљорашинон њар рўз судкашї кунам? Ё барои шўи ношудам даводавї кунам? Боз домоди гўрсўхтаам бе вазифа мондааст.
Шипучин. Хонум, Ченучоќова, ман… Не, мебахшед, намедонам бо шумо чї хел фањмонам? Сарам чарх зад! Шумо ба мо халал мерасонед – як, ваќти худатонро бењуда сар мекунед – ду. (Оњ мекашад, ба як тараф). Аљаб ањмаќ! Шипучин – Хордоров нашуда мурам! (Ба Хирин). Кузма Николаич, лутфан ба ин хонум - Ченучоќова фањмонед… (Бо даст ишора карда мебарояд).
Хирин( ба Мерчуткина наздик мешавад). Чї мехоњед?
Мерчуткина.Ман як зани бечора, мушти пар, лаби латта, паршикаста. Шояд зоњиран ќавї бошам, вале тањќиќ кунед, ягон узвам обод намондааст…
Хирин (ба як тараф). Узвњои ман њам шамол кашидагї.
Мерчуткина. Ман базўр ба пой меистам
Хирин (ба як тараф). Расо баднафс будааст.
Мерчуткина. … њатто имрўз ќањваро бе иштињо хўрдам…
Хирин. Мепурсам, ки ба шумо чї даркор?
Мерчуткина. Отаљон, фармоед, ки ба ман понздањ рубл дињанд. Боќимондаашро моњи дигар њам дињанд, мешавад.
Хирин. Намешавад… Ба шумо бо забони ноби русї гуфтанд, ки ин љо бонк!
Мерчуткина. Бале, бале. Ман метавонам гувоњномаи тиббї њам пешнињод кунам…
Хирин. Њой кампир, дар болои китфатон сар њаст, ё давоми гардан?
Мерчуткина. Азизам, ман њаќи ќонунии худамро талаб дорам. Ба ман моли бегона даркор не.
Хирин. Хонум, боз мепурсам, ки болои китфатон чї истодааст? Шумо бо куљоятон фикр мекунед? Бало занад маро, тамоман ваќти бо шумо лаќќидан надорам. Ман банд! (Љониби дар ишора мекунад). Бароед!
Мерчуткина (дар њайрат). Пул чї мешавад?
Хирин. Бало мешавад… Маълум, ки дар китфи шумо чист: Ана ин… (Аввал ба миз мушт мезанад баъд ба пешонии худ).
Мерчуткина (хафа шуда). Чї!? Њой пири даѓал, ин мушта ба сари занат зан! Ман зављаи мирзои сатњи губерния! Бо ман њазл накун!
Хирин (дарѓазаб, паст). Э, гум шав.
Мерчуткина. Оњиста, аз њад нагузар.
Хирин(паст). Э, агар худи њозир баромада наравї, посбонро љеѓ мезанам, зада-зада дафъат мекунад.
Мерчуткина. Оббо, тарсидам-а! Бисёр дидем… чунин пири фартутро!
Хирин. Дар умрам аз ин нафратовар чизеро надидаам! Уф, хун ба сарам зад! Њой љалољинкампир, мешунавї, агар худи њозир аз ин љо гум нашавї, хокубодат мекунам!
Мерчуткина. Саг мељакад, корвон рафтан мегирад… Аз ту наметарсам. Ман њар як љаллодро дидаам, ки њамаашонро ќатор кунї, то зодгоњи ту мерасад.
Хирин. Худоё, аз диданаш дилам бењузур мешавад! Сарам чарх мезанад. (Паси миз рафта, ба курсї мешинад). Тамоми банкро аз занакњо пур кардаанд! Ман маърўзаро навишта наметавонам!
Мерчуткина. Ман пули туро не, њаќи худамро аз рўи ќонун мепурасам. Як бор ба афтат нигар: шарманда-е, дар љойи љамъиятї бо валенки – намадмўза мешинад. Э, мардак нашуда…
Хирин. Уф…
Шипучин ва Татьяна Алексеевна меоянд.
Татьяна Алексеевна (аз ќафои шавњараш омада) Шом ба зиёфати Бережнитскийњо рафтем. Дар тани Катяљон куртаи осмониранги њарири шилшиладор буд. Ба вай мўйи баланд мезебад, худам ороста кардам… Як наѓзакак шуд… дилфиреб, љаззоб…
Шипучин(гиряомез) Ња, дилфиреб, љаззоб… Њозир ба љашни мо меоянд меоянд мењмонони љаззоб.
Мерчуткина. Љаноби волоњазрат!..
Шипучин(афсурдахолона). Уф… њоло њам дар ин љоед? Боз чї мехоњед?
Мерчуткина.Волоњазрат! (Ба Хирин ишора карда). Ана ин зердастатон аввал ангушташро ба пешониаш кўфту баъд ба миз зад…
Шипучин(гиряомез). Хайр, чї?
Мерчуткина.Шумо ба ў амр кардед, ки масъалаи маро баррасї кунад, вале ў маро масхара кард. Маро – зани мирзои сатњи губернияро!
Хирин. Худоё, аз туњмати зан нигоњ дор
Меркутина. Њол он, ки ман зани мушти пар, лаби латта, паршикаста, дилшикаста ба умед омадам, ки …
Шипучин. Хуб, хонум. Масъалаи шуморо худам баррасї - даррасї - љаррасї мекунам. Лекин баъдтар. Њоло равед. Охир мо љашн дорем! Уф, боз дардам ќапид. Пои чапам ба ларза даромад…
Хирин (назди Шипучин меояд). Андрей Андреич, бифармоед, посбонро даъват кунанд, зада-зада ўро аз ин љо дафъ кунад.
Шипучин. Не, не, ѓул-маѓал мебардорад, дар ин бино хонањои истиќоматї бисёр. Њамсояњо безобита мешаванд, обрўи бонк мерезад.
Мерчуткина.Љаноби волоњазрат!..
Хирин (гиряомез). Охир, ман бояд маърўза нависам! Фурсат намеёбам! (Ба сари миз бармегардад). Наметавонам!
Мерчуткина.Љаноби волоњазрат, кай ман хаќамро мегирам? Пул ба ман бенињоят даркор.
Шипучин(ба як тараф). Аљаб кампири бадду бало! Бону Ченучоќова, аллакай фањмондам-ку, ин љо бонки хусусї, тиљоратї…
Мерчуткина.Фањмидам, љойи пул. Љаноби волоњазрат, мењрубонї кунед, ба љойи падарам шавед... Коре кунед, ки бе падар буданамро эњсос накунам… Агар гувоњномаи тиббї кам бошад, аз минтаќа њуљљат меорам. Бифармоед, ки ба ман пул дињанд…
Шипучин (оњи чуќур мекашад). Уф…
Мерчуткина.Ман рекламаи шуморо дидам. «Њазорон касони аз бурсњо бурд карда, њазорњо зироаткории бо ёрии шумо рушдкарда, садњо беваи аз ѓамхории шумо бањра бардошта, њазорњо ятимони хушбахт, њазорњо рубл хайру саховат кардаи бонки шумо назир надоранд! Ба мани паршикастаи дилшикастаи…
Татьяна Алексеевна.Бибї, ба шумо гуфтанд-ку, халал мерасонед. Шумо чї хел бефањм њастед?
Мерчуткина. Њой набера-љон, бонки шумо ба њазорон кас ёрї додаст. Вале ба ман ње љ кас ѓамхорї намекунад. Зоњиран, танам ќавї, мехўраму менўшаму парво надорам, вале ин сањар њатто ќањваро бе иштињо нўшидам.
Шипучин (бо ќароњат). Шумо чанд пул мехоњед?
Татьяна Алексеевна. Бисту чор рублу сиву шаш тин.
Шипучин. Хуб. (Аз пулдонаш 25 рубл бароварда медињад). Ана, ба шумо 25 рубл. Гиреду… (бо лаб беовоз дашном дода) равед!
Хирин сулфаи дардомез мекунад.
Мерчуткина(пулро њисоб карда, пинњон мекунад). Ња, бисту панљ рубл. Њазор рањмат, љаноби волоњазрат..
Татьяна Алексеевна (назди шавњараш нишаста). Ваќти рафтанам шуд… (Ба соат нигариста). Вале ман њоло тамом накардаам… Дар як дам тамом мекунаму меравам. Медонед, баъд чї шуд? Базми Бережнитскийњо шавќовар мегузашт, хеле дилхушї кардем, вале баъзе нољўрињо пайдо шуд. Гредилевский - илњомбахши Катя њам омад. Дар ин байн ман бо Катя гуфтугў кардам, барои њайф шуданаш андак ашк рехтам, хулоса, таъсирамро расондам. Катя њамон дам бо Грендилевский гуфтугў карда, ишќи ўро рад намуд. Хайр, гуфтам, њамааш муддаои дил шуд: модарамро ором кардам, Катяљонро наљот додам, акнун навбати худам. Метавонам… ммм роњат бошам.
Хирин. Яъне чї хел?
Шипучин. … Яъне… барои худ зиндагї кунад.
Татьяна Алексеевна. Вале медонед, баъд чї шуд? Ману Катя пеш аз таъом дар гулгашт гардиш мекардем, ки нохост садои тир баромад! Оњ, дар ин хусус оромона гап зада наметавонам! (Бо рўймол худро шамол медињад). Не, не, ором истода наметавонам!
Шипучин. Уф…
Татьяна Алексеевна (мегиряд). Тохта ба айвонча рафтем. Бинем… О-оњ, дар он љо бечора… Грендилевский мехобад… О-оњ… дар дасташ таппонча… О-оњ…
Шипучин. Э, вой-е, тоќатам тоќ шуд. Дигар наметавонам! (Ба Мерчуткина). Ченучоќова, ба шумо боз чї даркор?
Мерчуткина. Љаноби волоњазрат, имкон надорад, ки шавњарамро боз дар љойи кори аввалааш барќарор кунед?
Татьяна Алексеевна (бо гиря). Рост ба дилаш паррондааст (Нишон медињад). Ана, ба њамин љояш. Не, ана ба ин тарафаш? Катяљони бечора бењуш шуда афтид… аз нолаи ў худи Гредилевский тарсида, хоњиш кард, ки духтурро даъват кунанд! Ба зудї духтур омад ва… (гиря) Уњњу… бечораро наљот дод… Уњњу…
Мерчуткина. Љаноби волоњазрат, шавњарамро дар љойи кораш барќарор кунед…
Шипучин. Не, тоќатам тоќ шуд! Духтур киро наљот дод?
Татьяна Алексеевна Ўро. Уњ-у-у…
Мерчуткина. Шавњарамро… дар љойи кораш барќарор кунед…
Шипучин (мегиряд). Дилам мекафад! (Ба Хирин ду дасташро дароз мекунад). Бемадоров, дафъ кунед инро! Илтиљо дорам, дафъ кунед.
Хирин (ба Татьяна Алексеевна наздик шуда). Њой љалољинкампир, гум шав аз ин љо!
Шипучин. Не, инашро не, ваяшро… (љониби Мерчуткина ишора мекунад). Њо, ана ваяшро…
Хирин. (ишораро нафањмида боз ба Татьяна Алексеевна). Канї, гум шав! (Пой мекўбад). Дафъ шав аз ин љо!
Шипучин. Ин чї бало? Њой бадбахт! Инаша гум кунед! Бароред ўро!
Хирин (ба Татьяна Алексеевна). Э, худата гум кун аз инља! Гум шав! Зада маъиб мекунам! Љоната мегирам! Љиноят мекунам! Пачаќу маљаќата мебарорам!
Татьяна Алексеевна (аз ў мегурезад). Шумо чї тавр љуръат мекунед, ки! Даѓал! (Фиѓон мекунад). Андрей, маро наљот дењ! Андрей!
Шипучин(аз ќафои онњо метозад). Бас кунед! Илтиљо мекунам, пасттар! Њамсояњо нафањманд. Ба њоли ман рањм кунед!
Хирин (бо корд аз паси Мерчуткина метозад). Гум шав! Доред ўро! Занед! Ќимма - ќимма кунед!
Мерчуткина. Вой, отаљонњо! Дадаљонњо! (Чиррос мезанад). Мадад кунед! А-а-а!!!
Татьяна Алексеевна (фиѓон мекашад). Вой, худољон, ёрї дињед! Мадад! .. Оњ, дилам суст шуд…
Љањида ба стул мебарояд, баъд ба диван меафтад, нолиш мекунад.
Хирин (аз паси Мерчуткина метозад). Занед, кўбед, пора-пора кунед! Пачаќу маљаќаша бароред!
Мерчуткина. Вой, вой, вой! Маро халос кунед, отаљонњо! Чашмам сиёњї мезанад, отаљонњо!
Коѓазњои маърўзаро аз миз гирифта ба рўи Хирин заданї мешавад, коѓазњо дар њаво тит мешаванд. Хирин кордро мегирад. Мерчуткина фиѓон зада мегурезад. Хирин коѓазњоро доштанї мешавад.
Татьяна Алексеевнаи гурезон ба ў бархўрда болои ў меафтад.
Татьяна Алексеевна(сараш чарх зада). Оњ, Андрей…
Мерчуткина рўбарўи Шипучин омада, бо шаст ба оѓўши ў меафтад.
Мерчуткина. Оњ… (Бењуш шуда, рўи дастони Шипучин меафтад).
Дарро мекўбанд. Овоз аз паси дар: «Вакилон меоянд»!
Шипучин. Вакилњо - пакилњо! Беобрўї… Шармандагї!..
Хирин (пой кўфта). Гум шав, бало занад маро! (Остин бар мезанад) Ба ман дињед ўро! Метавонам љиноят кунам!
Татьяна Алексеевна. Маро халос кунед, Андрей… И-и-и-ї, ин чї гап?
Сўяш давида беихтиёр ба Хирин бархўрда, њам худ ва њам Хиринро болои диван меафтонад.
Хирин. Ин чї балои азим буд?
Хирин њам болои ў ба диван меафтад. Њарду мехоњанд якдигарро тела дода, бархезанд, вале чунон ба назар мерасад, ки бо њам часпу талош доранд.
Татьяна Алексеевна. Маро сар дињед…
Хирин. Шумо аз китфам доштаед…
Татьяна Алексеевна. Ман аз њамаатон безор!
Вакилон иборат аз панљ нафар, њама дар тан фрак меоянд. Дар дасти яке сипосномаи зарњалин, дар дасти дигараш дўлчаи заркўб. Вакилон кафкўбї мекунанд.
Бо омадани вакилон мардњо дар њолатњои худ шах мешаванд. Татьяна Алексеевна дар диван, Мерчуткина рўи дастони Шипучин, њарду нолиш мекунанд.
Шипучин. Бало зад…
Хирин. Њаминаш намерасид…
Узви бонк ба њељ љо назар накарда, айнакашро ба чашм гузошта, бо овози љарангосии хос мехонад.
Узви бонк. Волоњазрат Андрей Андреевичи азиз! Бо руљуъ ба гуштаву имрўзи бонк назари амак карда, эъ амиќ карда… (Ба њамроњон) Кадом бесавод њамин хел навиштааст… Хулоса, њангоми руљуъ ва назари амиќу даќиќ ва шафиќ, бо чашми аќл нигаристан ба дунёи беаќлона, мо таассуроти нишотоваре мебардорем! Дуруст аст, ки нодуруст мебуд агар мо аз аввал њама корро дуруст тасаввур мекардем. Албатта, сараввал бо пули андакак имкон надоштани гузаронидани ягон амалиёти љиддии фоидавовари бонкї ва пешгўи нашавандаи дурнамои бонк, масъалаи фалсафии бардоштаи Њамлет – «Будан ё набудан»-ро тањрик медод. Њаминро асос карда, яъне масалан, мисол маќсад, фикри баста шудани бонк ба миён меомад…
Мерчуткина(нолиш мекунад)... О-оњ… О-оњ…
Татьяна Алексеевна. О-об… О-об…
Вакилон кафкўбї мекунанд.
Узви бонк. Ва нињоят, шумои азизу хушодобу хушахлоќ сарварии бонкро ба уњдаи худ гирифтед ва тамоми донишу ѓайрат, шавќу раѓбати беамсоли шумо боиси парвози баланди бахту барор ва рушди нотакрори бонк гардид! Номи неки бонк (Месулфад)… номи неки бонк…
Мерчуткина(нолиш мекунад)... О-оњ… сахттар молед
Татьяна Алексеевна. О-оњиста…
Узви Бонк. Номи неку обрўи бонк ба њадде боло рафт, ки (Месулфад) имрўз бонки мо метавонад бо бењтарин бонкњои хориљї раќобат кунад…
Вакилон кафкўбї мекунанд.
Татьяна Алексеевна. Бало ба паси хориљињо… аз худамон њам бад не.
Узви бонк. Ваќте ки бо чашми њаќиќат ба воќеият, ба шумо, Андрей Андреевичи азиз, назар мекунем, мо чиро мебинем? Њазорон касони аз бурсњо бурд карда, њазорњо гулшану бўстони аз ёрии молиявии шумо шукуфон, њазорон ятимони хушбахт, ки шумо падарї кардед, њазорњо бевањои мушти пар, ки тавассути ѓамхории шумо онњо бе шавњар будани худро фаромўш карданд, њазорон касони аз мадади молиявии шумо њазорњо рубл истифодакардаро мебинем!
Вакилон кафкўбї мекунанд.
Татьяна Алексеевна. Орзу дар љавонї айб нест...
Мерчуткина. Не, 25 рубл дод! Дилам меларзад. Сахттар молед…
Узви бонк. Вакилони бонк муътаќиданд, ки дирўзу имрўзи бонк дирўзу имрўзи мост… Бубинед њоли муштариёни моро ва зуд мефањмед, ки њаёти онњо чї гунна мунаќќашу муназзам шудааст. Бубинед…
Мерчуткина. Доѓ-доѓай бубин дил, бехабарї аз ин дил!
Татьяна Алексеевна. Ман ќурбони њамон бўсаи аввал...
Вакилон кафкўбї мекунанд.
Узви бонк. Вакилон имрўзро чунон интизор буданд, ки гул насими бањорро ва ошиќон рўзи висолро, вакилон рўзи маошро…
Шипучин(ба њадди љунун). Вакилон... пакилон... ѓоратгарон...
Биёр Лайлї, ки нест Маљнун,
Шароби арѓувон акнун!
Бало бар ишќ, бало бар рашк!
Љавонї рафт, биё зуд, ашк!
Аъзои Бонк. Вакилони бонк ба воќеияти имрўза бо чашми хирад назар карда мебинад, ки Андрей Андреевичи лазизи поку болоиши мо дили дармондагонро бо мадади худ шод мегардонад…
Мерчуткина(бо нолиш)... Диламро молиш дињед, мурдам...
Татьяна Алексеевна. Дастатонро гиред, нафасам гашт…
Мерчуткина(бо нолиш)... Мурдам-е.
Татьяна Алексеевна. … куштед маро … куштед…
Узви Бонк. Бо чашми хирад ба воќеият назар карда бинем… Андрей Андреичи азиз…(љиддитар ба њоли онњо нигариста; пасттар). Ќанд занед, Андрей Андреич… Бењтараш мо баъдтар меоем…
Вакилон кафкўбї мекунанд.
Шипучин. Ана љашну мана љашн…
Вакилоншарм дошта мераванд.
Парда.
Свидетельство о публикации №223032700245