Бежан ва Манижа - драма мазмун аз Шохнома
Драмаи Љумъа ЌУДДУС аз руи «Шохнома»и Абулќосим ФИРДАВСЇ
Иштироккунандагон
1. Манижа
2. Бежан
3. Гургин
4. Рустам
5. Кайхусрав
6. Гев
7. Афросиёб
8. Гарсеваз
9. Доя
10. Солори ирмонї
11. Пардадор
Дар сањнањои умумї сарбозон, гурдон, духтарон, гурозњо.
Намоиши 1.
Ровї меояд. Дар љараёни њикоятњои ў иштирокчиён сањнаро оро медињанд.
Ровї.
Ба номи худованди хуршеду моњ,
Ки дилро ба номаш хирад дод роњ.
Кунун разми Бежан бигўям, ки чист,
К-аз он разм яксар бибояд гирист…
Дарбори шоњ Кайхусрав. Гурдон меоянд, шоњ Кайхусравро истиќбол мегиранд. Мутрибону раќќосагон таљаллии њунар мекунанд.
Ровї.
Чу Кайхусрав омад ба кин хостан,
Љањон сози нав хост оростан.
Ба бигмоз биншаст як рўз шод,
Зи гурдони лашкар њаме кард ёд.
Паричењрагон пеши Хусрав ба пой,
Сари зулфашон бар суман мушксой.
Њама базмгањ пур зи рангу нигор,
Камар баста дар пеши солори бор.
Гурдон гўштї мегиранд. Бежан пешдастї кардан мехоњад.
Бежан. Манам Бежани размзан. Ман!
Пардадор омада ба шоњ чизе мегўяд.
Пардадор. Шањо, бар даранд ирмониён,
Сари марзи Эрону турониён.
Њаме роњ љўянд наздики шоњ,
Зи роњи дароз омада додхоњ.
Бо ишораи шоњ солори ирмонї меонд ва бо гиряву зорї арз мекунад.
Ирмонї.
Анўша бизї, шоњ, то љовидон,
Ба њар кишваре дастрас бар бадон.
Зи шањре ба дод омадастем дур,
Ки Эрон аз ин рўю з-он рўй Тур.
Сўи шањри Эрон яке беша буд,
Ки моро бад он беша андеша буд.
Гуроз омад акнун фузун аз шумор,
Гирифт он њама бешаву марѓзор.
Чарогоњи мо буду бунёди мо,
Аё шоњи Эрон, бидењ доди мо!
Кахусрав. Гуроз!? Хуки беша?
Ирмонї. Бале, шоњи одил.
Ба дандон чу пилон ба дандон њамчу куњ,
В-аз эшон шуда шањри Ирмон сутуњ.
Дарахтони кишта, ки дорем ёд,
Ба дандон ба ду нима карданд шод.
Кайхусрав.
Аз ин номдорону гурдони ман,
Кї љўяд њаме ном дар анљуман,
Шавад сўи он бешаи хукхвард
Ба номи бузургу ба нангу набард?
Њама бо њайрат дар андеша мемонанд.
Бежан. Ман …
Бо ишора пањлавонон мехоњанд ўро аз сухан гуфтан боздоранд.
- Ором шав, сангин корест.
- Ин айб аст ба номи гурди пањлавон.
Кайхусрав.
Бибуррад сари он гурозон ба теѓ,
Надорам аз ў ганљу гавњар дареѓ.
Овозњо: - Мукофот - барои гуроз?
- Барои хугкушї? – ганљу гавњар?
Кайхусрав. Хон биёред. Пур аз ганљу гавњар кунед.
Пардадор. Чашм.
Хони калонро аз ганљу гавњари гуногун пур мекунанд.
Кайхусрав.
Дањ аспи зарринлаљом оред, ба дебои румї биороед.
Ходим. Чашм.
Кайхусрав.
Эй номдорони замон, гурдони пок,
Кї донад яке ранљи ман – ранљи хеш,
В-аз он пас кунад ганљи ман ганљи хеш?
Њама хомўш. Бежан пањлавононро тела дода пеш мебарояд.
Бежан.
Ман оям ба фармон бар ин кор пеш,
Зи бањри ту дорам тану љони хеш.
Гев, падари Бежан пеши ўро мегирад.
Гев. (Ба Бежан). Ин љавонї чарост?
Ба нерўи хеш ин гумонї чарост?
Љавон арчи доно бувад бо гуњар,
А бе озмоиш нагирад њунар.
Бежан (хафа мешавад). Эй боби пирўзгар,
Ту бар ман ба сустї гумоне мабар.
Гев. Ба роње, ки њаргиз нарафтї, мапўй,
Бари шоњ хира мабар оби рўй.
Бежан Ту ин гуфтањо аз ман андар пазир,
Љавонам ба кирдору дар рой пир.
Сари хугро бугсилонам зи тан,
Манам Бежани Геви лашкаршикан.
Кайхусрав.
Офарин бар ту бод, эй пурњунар,
Њамеша туї пеши њар бад сипар.
Касеро куљо чун ту кењтар бувад,
Зи душман битарсад, сабуксар бувад.
Бежан. Куљоянд он гурози пилтан, бигў?
Кайхусрав (ба ходимон назар карда).
Гургини Милод!
(Гургин пеш меояд ва таъзим мекунад).
Ту бо ў бирав бо сутуру наванд,
Њамаш роњбар бошу њам ёрманд.
Гургин. Ба чашм. (Мераванд).
Намоиши 2.
Љангали Ирмон дар марзи Тўрон.
Ровї.
В-аз он пас бисечид Бежан ба роњ,
Камар басту бинњод бар сар кулоњ.
Биёвард Гургини Милодро,
Њамоварду њамрўзи фарёдро.
Расиданд он љо, ки он беша буд,
В-аз он шоњи гурдон пурандеша буд.
Бежан ва Гургин меоянд. Озуќаи овардаро зери дарахт мегузоранд.
Гургин. Дарахтон шикаста, полез канда. Љавлонгоњи хукон ин љост.
Гургин. Дуруст. Монда шудем. Порае роњат кунем.
Бежан. Ба љанг омода мешавем.
Гургин. Љойи хоби ман - болои он дарахт.
Боло меравад. Овози хоси гурозњо ба гўш мерасад.
Бежан. Эй бародар, маро хоб нест.
Махусп, эй бародар, замоне биист.
Ки то бештар кор муњкам кунем.
Дили шоњ аз ин разм беѓам кунем.
Гургин. На ин кори ман бувад.
Бежан.
Чу ман бо гуроз андароям ба тир,
Бирав то ба наздики он обгир.
Бад-он гањ, ки аз беша хезад хуруўш,
Ту бардор гурзу ба љой ор њуш.
Њар он, к- ў биёбад зи чангам рањо,
Ба як захм аз тан сараш кун људо.
Гургин. На паймон чунин буд бо шоњи нав.
Ту бардоштї ганљу гавњару ганљ?
Гургин. Ту бастї мар ин размгањро камар?
Бежан. Бале, ман…
Гургин. Кунун аз ман ин ёрмандї махоњ,
Ба љуз он, ки бинмоямат љойгоњ.
Бежан (њайрону хафа). Њамроњї чунин аст?
Гургин. Зар аз ту? - набард њам аз ту.
Бале. Эй бародар, андар ой,
В-агар на, ба як сў бипардоз љой.
Гургин. Касе хук кушад, ки зар ў гирифт.
Гургин дар шохи дарахте паноњ меёбад. Овози хукњои вањшї.
Ровї.
Чу Бежан шунид ин сухан, хира шуд,
Њамон чашмаш аз рўи вай тира шуд.
Ба беша даромад ба кирдори шер,
Камонро ба зењ кард марди далер.
Чу абри бањорон биѓуррид сахт,
Чу борон фурў рехт барги дарахт.
Бежан домњо мегузорад, оташ афрўхта, љониби чакалакзорро бо он банд мекунад, ки хукон рафта натавонанд. Хукон аз пешу пањлуву пас меоянд. Чанд гуроз озуќаи овардаи гурдонро хўрда, тит мекунанд.
Ровї.
Гурозе биёмад чу Оњармано,
Зирењро бидаррид бар Бежано.
Чу суњони пўлод бар санги сахт
Њаме суд дандони худ бар дарахт.
Барангехтанд оташи корзор,
Баромад њаме дуд аз он марѓзор.
Бизад ханљаре ба миёни бараш
Ба ду нима шуд пилтан пайкараш.
Сароншон ба ханљар бибуррид паст,
Ба фитроки шабранги саркаш бубаст.
Ки дандошон пеши шоњ оварад,
Тани бесароншон ба роњ оварад.
Гургин аз дарахт фаромада, офарин мехонад.
Гургин. Ба яздон сипос, эй пањлавон,
Дили корзору хирадро равон.
Бежан. Чунон дидї ин љанги ман? Бигўй.
Гургин. Ба гетї надидам чу ту љангљўй.
Барояд туро инчунин кор чанд
Ба нерўи яздону бахти баланд.
Бежан. Гурозхо озуќаи моро хўрданд! Нон мехоњам.
Гургин. Даруни марзи Турон њаст базмгоњ
Ки бо Рустаму Гев будем њар гоњ.
Бежан. Куљост он, наздик аст, ё дур?
Гургин. Ба дурўза роњ андарояд ба Тур.
Яке дашт бинї њама сурху зард,
К-аз ў шод гардад дили родмард.
Њама бешаву боѓу оби равон,
Яке љойгоњ аз дари пањлавон.
Замин парниён, њаво мушкбўй.
Гулоб аст гўї магар оби љўй.
Бежан. Тамом?
Гургин. Аз ин пас кунун то на бас рўзгор –
Шавад чун бињишт он лаби љўйбор.
Бежан. Љўбор хуб аст… Боз чї дорад?
Гургин. Паричењра бинї њама дашту кўњ,
Ба њар сў ба шодї нишаста гуруњ.
Бежан. Паричењра?! Бињишт аст. Боз чї?
Гургин. Манижа куљо духти Афросиёб
Дурахшон кунад боѓ чун офтоб.
Занад хайма з-он гањ бад-он марѓзор
Або сад канизак њама чун нигор.
Бежан. Або сад канизак? Бињишт аст, гўй?
Гургин. Њама духттуркони пўшидарўй,
Њама сарвќадду њама мушкбўй.
Бежан. Њама сарвќадду њама мушкбўй?
Гургин. Њама дашт бинї биёроста,
Чу бутхонаи Чин пур аз хоста.
Бигирем аз эшон паричењра чанд,
Ба наздики Хусрав шавем арљманд.
Бежан.
Биљунбидам он гавњари пањлавон.
Гање ном љуст андар он, гањ ком,
Љавонем, љавонвор мекунем кор.
Ба зудї меравем бад-он марѓзор.
Аё пањлавон, бирав, то равем,
Ба дидори љашни хуррам шавем.
Мераванд.
Намоиши 3.
Љашнгоњ дар марзи Турон. Манижа бо доя ва духтарон меоянд, хаймаи зарин мезананд ва гулњо мепошанд. Раќсу таронаи бањорї.
Бежан ва Гургин меоянд.
Гургин. Ана, омад он нозанин арўс,
Њама дашт аз ў шуд чу чашми хурўс.
Ту ин љо бимон, бубинам њол…
Бежан. Не-не-не. Ман аввал меравам сўи сарнавишт.
Гургин. Бежано, бубинам, хатаре њаст…
Бежан. Не-не-не. Ин љойи љони ман аст.
Ман пештар созам ин рафтано.
Шавам базмгоњшон, бубинам зи дур,
Ки турониён чун бисечанд сур.
Нахустин яке рўяшон бингарам,
Бубинам, кї ояд ба дил хуштарам.
В-аз он љо њамон гањ бупечам инон,
Ба гардун барорам зидуда синон.
Занем он гање рой њушёртар,
Шавад дил зи дидор бедортар.
Бежан. (худро ороста мекунад). Кулоњ пўшам, тавќи Кайхусраву гўшвор, ёраи гавњарнигори Гев, румї ќабой, тољ бо пари њумой, камарбанд бо нигин.
Бежан ба хайма наздик мешавад. Доя ўро бозмедорад. Манижа њам Бежанро дида, беќарор мешаванд. Дояро наздаш мехонад ва супориш медињад. Духтарон њангоми ин амалиёт суруди муњаббати шўхеро иљро мекунанд.
Манижа. Бирав зери он шохи сарви баланд.
Нигањ кун, ки он моњдидор кист,
Доя назди Бежан меравад.
Доя. Духти шоњ мепурсад, ки пањлавон кист?
Бежан. … ман эй, фиристодаи хубгўй.
Аз Эронам, аз шањри озодагон.
Доя. Аз Эрон?
Бежан. Манам Бежани Гев, аз Эрон ба љанг
Ба разми гуроз омадам тезчанг…
Доя. Њм… Ин чї љўї?
Бежан. Агар некрої кунї, тољи зар
Туро бахшаму гўшвор камар.
Маро сўи он хубчењр оварї,
Дилаш бо ман-андар ба мењр оварї.
Гарам ту бар ин кор ёвар бувї,
Ба ту бахшам ин љомаи хусравї.
Зи ман ёбї ин љоми гавњарнигор,
Зи гавњар бад-ў андарун гўшвор.
Доя туњфа-ришваро гирифта, ба Манижа медињад. Духтар ўро дубора назди Бежан мефиристад. Доя назди Бежан меояд.
Доя. Аё, Бежани пањлавони замон,
Омадат ба даст, он чї бурдї гумон.
Биёї хиромон ба наздики ўй,
Барафрўзї ин љони торики ўй.
Доя Бежанро назди Манижа меорад.
Бежан. Дуруд, ай духти Турон, ай парї.
Манижа. Паризодаї, ё Сиёвахшиё,
Ки дилро ба мењрат бахшиё?
Бигўям, ки чун омадї эдаро,
Кї овардат эдун бад-ин љодаро?
Надидам чу ту њељ, эй моњрўй,
Чї номї туву аз куљої, бигўй.
Бежан. Сиёвуш наям, на паризодагон,
Аз Эронам, аз шањри озодагон.
Манам Бежани Гев, аз Эрон ба љанг
Ба разми гуроз омадам тезчанг.
Манижа. … бо ту кї омад ба љанги гуроз?
Бежан. Ба танњої кардам њама кор соз.
Манижа. Ба дидори ту чашм равшан шавад,
Бежан. Зи ту дашту хиргоњ гулшан шавад.
Манижа. Чаро инчунин ќадду ин рўю бурз
Биранљонї эй хубчењра ба гурз?
Бежан. На њар кас бувад марди разми гуроз
Манам шери љангї, манам размгари соз.
Сароншон буридам, фикандам ба роњ,
Ки дандонњошон барам назди шоњ.
Чу з-ин базмгањ огањї ёфтам,
Сўи Геви Гударз наштофтам.
Манижа. Биёву бишин, дил шод дор. (Ба доя)
Пањлавонро ба љанги шубоб биоро.
Духтарон бо гулоб Бежанро шуста, шаробу кабоб меоранд.
Бежан.
Њаме бинам ин дашти ороста,
Чу бутхонаи Чин пур аз хоста.
Магар чењраи духти Афросиёб
Намояд маро бахти фаррух ба хоб.
Манижа. Ку бинем, чї мардї ба базми шубоб.
Таронаи муњаббат.
Ровї.
Майи солхўрда ба љоми булўр
Бароварда бо Бежани Гев зўр.
Се рўзу се шаб шод буда шод бо њам,
Гирифта бар ў хобу мастї ситам.
Њарду ба хаймаи њарири зарин даромада масти ишќ мешаванд.
Гургин ба љустуљўи Бежан назди хайма меояд. Доя пеши ўро мегирад.
Доя. Куљо мехоњї равї?
Гургин. Мењмонї.
Доя. Ин саройии духтарон аст. Ба мардон рухсат нест.
Гургин. Аќаллан, як нигоњ ба паривашон.
Доя. Лашкари Турон огоњ шавад, аз сад љонат яке зинда намонад!
Гургин. Ай, парї, дусте дорам, дирўз мењмонї омада буд…
Доя. Марде ин љо пой монад, пояш сўзад, љонвар ояд љонаш.
Гургин. Ман аз љони дўстам хавотирам.
Доя (ишора мекунад). Он кулоњро мебинї?
Гургин. Кулоњи Бежан аст. Соњиби кулоњ чї њол дорад?
Доя. Роњат аст.
Гургин. Осуда шудам, ки дўстам осуда аст. Ба ў гўй, ки ваќти рафтан шуд.
Доя. Хуб. Ту њам армуѓони наврўзї бигир – гулоб бихўр.
Ба гулоб аз ангуштаринаш доруи хоб меандозад ва меравад. Гургин менўшад, љониби љангал рафта, сањна суст шуда меафтад.
Бежан аз хайма мебарояд. Манижа норизо меояд.
Манижа. Ба се рўз шудам шод зи умри азиз,
Бежан. Ман њам.
Манижа. Њељ гоњ надидам чунин ѓизои лазиз.
Бежан. Ман њам. Вале акнун ваќти рафтан аст.
Манижа. Куљо?
Бежан. Ба Эрон. Ба шоњ аз набарди хукон бигўям.
мукофоти шоњ - зару гавњар бигирам.
Манижа. Ва боз як ёри зарнигор?
Бежан. Як нигор? - Ба ман бешумор.
Манижа. Худоё, ин чї мењру чї ишќу чї гуфтугузор?
Бежан. Шабат хуш бод, Манижа. Туро аз ёд набарорам.
Манижа. Боз кай меої?
Бежан. Замоне ба љанги гуроз омадам...
Манижа. Боз як рўзак бимон.
Бежан. Ваќт нест.
Манижа. Аќаллан ним рўз.
Бежан. Кори давлат интизор.
Манижа. Як лањза.
Бежан. Хуб. Бигзор.
Манижа. Шароби арѓувонї ба ёдгор…
Доя бо ишораи Манижа ба шароб аз ангуштарин дору андахта медињад. Бежан онро нўшида суст шуда меафтад. Бежанро зуд ба чодар печонда мебаранд. Духтарон хаймаро мекананд ва аз он љойгоњ нишоне намемонанд.
Ровї.
Иморї бисечиду рафтанд ба роњ,
Мар он хуфтаро андар он љойгоњ.
Чу як њафта Гургин бар он љо ба пой
Њаме буду Бежан наёмад ба љой.
Зи њар сўш пўён биљустан гирифт,
Рухонро ба хуноб шустан гирифт.
Гургин ба љустуљуи Бежан назди хайма меояд, вале чизе намеёбад.
Њаме гашт бар гирди он марѓзор,
Њаме кард ёр андар ў хостгор.
Якояк зи дур аспи Бежан бидид,
Ки омад аз он љуйборон падид.
Аз он марѓзор аспи Бежан биронд,
Ба хайма дароварду рўзе бимонд.
В-аз он љо сўи шањри Эрон шитофт,
Шабу рўз орому хуфтан наёфт.
Гургин меравад.
Намоиши 4.
Дарбори шоњ Афросиёб. Њуљраи хоси Манижа.
Манижа, Доя ва духтарон Бежанро меоранд, дар айвон мехобонанд.
Ровї.
Чу омад ба наздики шањр-андаро,
Бипўшид бар хуфта – бар чодаро.
Нуњуфта ба кох андаромад ба шаб,
Ба бегонагон њељ накшод лаб.
Ба айвон биёросташ љойи хоб,
Ба бедории Бежан омад шитоб.
Дарафканд доруи њушаш ба гўш,
Бад-он то ба љои худ ояд-ш њуш.
Чу бедор шуд Бежану њуш ёфт,
Нигори суманбар дар оѓўш ёфт.
Манижа ба Бежан доруи њушёрї менўшонад.
Бежан (бедор мешавад ба њайрат ва тарс мешавад).
Чї шуд бо ман куљост он майдон?
Манижа. Шод бош, дар кохи шоњи Тўрон.
Бежан. Бупечо, ту бар хештан Бежано,
Ба Яздон панањ љў з-Ањримано.
Манижа. Ба айвони Афросиёб – андаро,
Або моњрўе ба болин саро.
Аз ин бењ чї бошад ошиќи содаро?
Бежан. Эй кирдигоро, маро
Рањої нахоњад будан з-эдаро.
Зи Гургин бихоњї магар кини ман,
Бар ў бишнавї дарду нафрини ман.
Манижа. Чаро Гургин? Кист Гургин?
Бежан. Ки ў буд ба ин бад маро рањнамун,
Њаме хонд бар ман њазорон фусун.
Манижа. Аё, Бежано, дил шод дор.
Њама кори нобударо бод дор.
Ба мардон зи њар гуна кор оядо,
Гање базму корзор оядо…
Яке љоми май гир шањевор ба даст,
Биёсой даме, шери хусравпараст.
Бихўр май, махўр њељ андўњу ѓам,
На аз ѓам фузунї биёяд, на кам.
Њанўз андуње н-омада пеш, ту
Чї дорї ба андўњ дил реш ту?
Бежан. Агар шоњ ёбад хабар…
Манижа. Агар шоњ ёбад зи корат хабар,
Кунам љони ширин ба пешат сипар.
Бежан. Бибояд кунун њарчї бояд шавад.
Манижа гулоб дода, ўро паси чодар мекашад. Духтарон бо мусиќиву раќсу тарона сањнаи таќлидие ба ишќварзии онњо иљро мекунанд.
Ровї.
Нињоданд њарду ба хўрдан саро,
Ки њам дор буд пешу њам минбаро.
Паричењрагон руд бардоштанд,
Ба шодї шабу рўз бугзоштанд.
Чу бугзашт як рўзгор андар ин,
Пас огоњї омад ба дарбон аз ин.
Пардадор пинњонї даромада, ошиќонро мебинад.
Пардадор. Эњ-ње - эње, оњ-њо – оњо…
Касе к-аз газофа сухан ронадо,
Дарахти балоро биљунбонадо.
Бубинам, ки вай кист, шањраш куљост,
Бад-ин омадан сўи Турон чї хост?
Ба гуфтугўи дилдодагон аз паси чодари њарир гўш медињад.
Бежан. Ваќти рафтан шуд. Мењмонї ду рўз аст.
Манижа. Бидон, пањлавон, Эрон дур аст.
Њама дарњо баста, посбонњо камарбаста
Ва ё аз ишќи шоњдухтар шудї хаста?
Бежан.
На. Надонам то кунун чї буд рўзгор,
Њама бод фидои духти дўстдор.
Пардадор.
О вањ! Кунун тарсон шудам аз љони хеш,
Шитобам ба наздики дармони хеш.
Љуз огоњ кардан набинам ягон рой.
Давон аз паси парда бардорам пой. (Тарсон меравад).
Муњаббати Бежану Манижа бо таронаи савганду вафо идома меёбад.
Намоиши 5.
Тахти шоњи Турон Афросиёб. Пардадор меояд ва арз мекунад.
Ровї (бо тарс).
Аё шоњи Турон, бибояд-т гуфт:
Ки… духтар-т аз Эрон гузидаст љуфт.
Афросиёб (аз ѓазаб ларзида).
Киро аз паси парда духтар бувад,
Агар тољ дорад, бадахтар бувад...
Гарсеваз!
Гарсеваз меояд.
Замона чаро бандад ин банди бад,
Ѓами шањри Эрону фарзанди бад?
Бирав бо саворони њушёрсар,
Нигањ дор мар кохро бому дар.
Нигар то чї бинї ба кох андаро,
Бубанду кашонаш биёр эдаро.
Гарсеваз. Ба чашм.
Њамроњи пардадор мераванд.
Намоиши 6.
Њуљраи Манижа. Бежан ва Манижаи нимурён дар базми муњаббат.
Гарсеваз бо сарбозон меояд.
Гареваз. Дари кох баста, маю нўш пайваста.
Љавоне миёни занон нишаста,
Ба лаб бар майи сурху шодикунон.
Манижа. Оњ! (Уро дида худро дур мекунад). Оњ…
Гарсеваз. Эй хешнашноси нопокмард!
Зи корат расида ба дилњо дард.
Фитодї ба чанголи шери жиён?
Куљо бурд хоњї ту љон з-ин миён?
Бежан (худ ба худ). О, вањ, чї созї, Бежано?
Ки чун разм созам барањнатано?
Њамеша ба як соќи мўза дарун
Яке ханљаре доштам обгун.
Ханљар аз соќи мўза кашида љониби дар меравад.
Гарсеваз. Биист! Ту кистї, ай пањлавон?
Бежан. Ман Бежанам, пури Кашводагон,
Сари пањлавонону озодагон.
Ту донї ниёкону шоњи маро!?
Миёни ялон пойгоњи маро.
Агар љанг созед, ман љангро
Њамеша бишўям ба хун чангро
Зи турониён ман бад-ин ханљаро
Бибуррам фаровон саронро саро.
Надаррад касе пўст бар ман магар,
Њаме серї ояд танашро зи сар.
В-агар хезад дар љањон растахез,
Набинад касе пушти ман дар гурез.
Гарсеваз (ошуфта гашта).
Чаро ту «бибуррї фаровон сарон»?
Чї љўї ба кохи духти шоњи Тўрон?
Бежан.
Гарам назди солори Турон барї,
Бихонам бар ў достон яксарї.
Ту хоњишгарї кун маро з-ў ба хун,
Сазад гар ба некї шавї рањнамун.
Гарсеваз лањзае хомўш мемонад ва њила мељўяд.
Гарсеваз. Бидонам, ки љанг љўйї њаме,
Ба хун рехтан даст шўйї њаме.
Биё, савганди вафо бихварем,
Зи њар кин ба шодї бигравем.
Бежан. Ба шодї?
Гарсеваз. Зи чї дудаї? Чї номат, пањлавон?
Бежан. Бежанам, пури Гев - сари гурдони Эрон.
Гарсеваз. Бирав, то равем назди шоњи Тўрон.
Бежан (ханљарро медињад). Бигир.
Гарсеваз (ханљари Бежанро мегирад). Офарин.
Сарбозон ба сари Бежан тўр партофта дасту пояшро мебанданд.
Бежан. Саропой бастиям ба кордори юз,
Чї суд аз њунарњо, чу баргашт рўз?
Чунин аст гардандаи кўжпушт,
Чу нармї намудї, биёбї дурушт.
Гарсеваз (бо истењзо худситоии Бежанро такрор мекунад).
Чї гуфтї ту њоло? - «Надаррад касе пўст бар ман магар,
Њаме серї ояд танашро зи сар». Ња- ња-ња.
Бежан. Чунин аст ин гунбади лољвард-
Надонад њаме ќадри озодмард.
Гарсеваз. Ба ту маслињат, зи солори Тўрон:
Чу фил бошї њам, мўрчаро кам мадон.
Бежан. Маро назди солори Турон бубар.
Гарсеваз. Равем, то зи маргат расонад хабар.
Мебаранд.
Намоиши 7.
Тахти Афросиёб.
Гарсеваз Бежани даступойбастаро меорад.
Ровї.
Чунин аст гарданда кори љањон,
Ки мотам кунад сур њам дар замон.
Бар он сон ба наздики Афросиёб,
Бибурданд рух зарду дида пуроб.
Чу омад ба наздики шоњ андаро
Гави дастбаста барањнасаро.
Бад ў офарин кард, к -
Бежан. Эй, шањрёр.
Сазад гар кунї ростї хостгор.
Афросиёб.
Њало, дузди шабрав, бади хирасар,
Чаро омадастї бад-ин буму бар?
Бежан (ба шоњ).
На ман б-орзу љустам ин пешгоњ,
Набуд андар ин кор касро гуноњ.
Аз Эрон ба љанги гуроз омадам.
Бад-ин љашни Турон фароз омадам.
Афросиёб.
Чаро дуздвор омадї ба кохи ман!?
Бежан.
Ба зери яке сарв рафтам ба хоб,
Ки то соя дорад маро з-офтоб.
Парие биёмад, бигустард пар,
Маро андаровард хуфта ба бар.
Зи аспам људо карду шуд то ба роњ,
ки омад њаме лашкари духти шоњ.
Маро ногањон дар иморї нишонд,
Бар он хубчењра фусуне бихонд,
Ки то андар айвони Афросиёб
Нашуд њељ бедор чашмам зи хоб.
Гуноње маро андар ин буда нест,
Манижа ба ин кор олуда нест.
Афросиёб. Дурўѓи бефурўѓ ту бигўй бар об
Чу рўзи бадат кард бар ту шитоб.
Ту онї, к-аз Эрон ба гурзу каманд
Њаме разм љустї ба номи баланд.
Кунун назди ман чун занон баста даст,
Њаме хоб гўї ба кирдори маст.
Ба гуфти дурўѓ озмудам њаме,
Бихоњї сар аз ман рабудан њаме?
Бежан. Эй шањрёр,
Яке дастбаста, барањнатано,
Якеро зи пўлод пероњано.
Агар шоњ хоњад ки бинад зи ман
Далерї намудан бад ин анљуман –
Яке асп фармову гурзи гарон,
Гузин кун зи туркон њазорон сарон.
Ба овардгоњ гар яке з-он њазор
Агар зинда монам, ба мардам мадор.
Афросиёб (ба Гарсеваз).
Набинї, ки ин бадкуниш, римано,
Фузунї сиголад њаме бар мано.
Басанда набудаш њамин бад, ки кард,
Кунун разм љўяд ба нангу набард.
Бифармой доре задан пеши дар,
Ки бошад зи њар сў бар ў-бар гузар,
Нагунбахтро зинда бар дор кун,
В-аз он низ бо мо магардон сухун.
Бад-он то зи эрониён з-ин сипас
Наёрад ба Турон нигањ кард кас!
Гарсеваз. Чашм.
Бежанро мебаранд.
Намоиши 8.
Дар майдони шањр дор устувор мекунанд.
Бежанро зери дор мебаранд.
Ровї.
Кашидандаш аз пеши Афросиёб,
Дил аз дард хаста, ду дида пуроб.
Чу омад ба дар Бежани хастадил,
Зи оби мижа пой монда ба гил.
Њаме гуфт:
Бежан. Дареѓо. Агар бар сарам кирдигор
Набиштаст мурдан ба бад рўзгор,
Зи дору зи куштан натарсам њаме,
Зи гурдони Эрон битсафсам њаме.
Дареѓо, ки шодон шавад душманам,
Барояд њама коми дил бар танам.
Дареѓо, љавонмардиву номи ман,
Дареѓ он хўру хобу ороми ман.
Дареѓо, надорад падар огањї,
Аё бод, бигзар ба Эронзамин,
Паёме зи ман бар ба шоњи барин.
Ба Гударзи Кашвод аз ман бигўй,
Ки аз кори Гургин бишуд оби рўй.
Ровї. Бубахшуд Яздон љавонишро,
Ба њам баршикаст он гумонишро.
Кананда њаме канд љойи дарахт,
Падид омад аз дур Пирон зи бахт.
Пирон меояд ва бо тааљљуб назди дор омада, назар мекунад.
Чу Пирони Виса бад-он љо расид,
Њама роњ турки камарбаста дид.
Пирон.
Аё, турониён, ин дор бањри чист?
Дили шоњи Турон бар озори кист?
Гарсеваз.
Дуруд, эй Пирони Виса. Ин Бежан аст.
Аз Эрониён шоњро душман аст. (Паст-паст њикоят мекунад).
Пирон (нажди Бежан омада ба чашми ў менигарад). Бежано,
Љигархаста бинам-т, барањна тано,
Ду даст аз паси пушт баста чу санг,
Дањон хушку рафта зи рух обу ранг.
Якояк бигўям, чун омадї?
Аз Эрон њамоно ба хун омадї?
Бежан. На.
Пирон ишора ба таваќќуфи ќатл мекунад.
Шоњ меояд.
Пирон. Њам эдар бидор. Эй шоњ.
Афросиёб. Чї хоњї, бигўй.
Туро бештар назди ман обрўй.
Агар зар ту хоњиву гавњаро,
В-агар подшоњиву гар лашкаро.
Надорам дареѓ аз ту ман ганљи хеш,
Чаро баргузинї њаме ранљи хеш.
Пирон (таъзим мекунад).
Љовид бодо туро тахту љой.
Эй шањи шергир,
Яке панди нек аз ман андар пазир.
Ту ин Бежани номварро макуш,
Ки њастї яке шоњи бо рою њуш.
Ки кини Сиёвахш тоза кунї,
Ба Турон дигар љангу кин афканї.
Макуш гуфтамат пури Ковусро,
Ки душман кунї Рустаму Тусро.
Сиёвуш, ки њаст аз нажоди каён,
Ба мењри ту баста камар дар миён.
Ба хира бикуштї Сиёвушро,
Ба зањра андар омехтї нўшро.
Фаромўш кардї магар Гевро,
Сари пањлавон Рустами невро.
Надидї бадињои эрониён,
Ки карданд бо шањри турониён?
Агар хуни Бежан бирезї бад- ин
Ба Турон барояд яке гарди кин.
Њамоно њаме хостор оварї,
Дарахти балоро ба бор оварї.
Чу кина ду гардад, надорем пой,
Аё подшоњи љањонкадхудой!
Афросиёб.
Ту Бежан надонї, ки бо мо чї кард,
Ба Эрону Турон шудам рўйзард.
Набинї, к-аз ин бењунар духтарам,
Чї расвої овард ба пирона сарам?
Њама номи пўшидарўёни ман
Зи парда бигустард бар анљуман.
К-аз ин нанг то љовидон бар дарам
Бихандад њама кишвару лашкарам.
Гар ў ёбад аз ман рањої ба љон,
Зи њар сўй кушоянд бар ман забон.
Ба расвої-андар бимонему дард,
Биполоям аз дидагон оби зард.
Пирон.
Чунин аст, чун шоњ гўяд њаме,
Љуз аз номи некў наљўяд њаме.
Валекин бар ин рои њушёри ман
Яке бингарад жарф солори ман.
Бубандем ўро ба банди гарон,
Аз ў панд гиранд эрониён,
Афросиёб (пас аз андешае).
Бошад. Гарсеваз, инак, фармони шоњ:
Ки банди гарон созу торик чоњ.
Биёвар сари чоњ, ўро бипўш,
Бимон то ба зорї барояд зи њуш.
Гарсеваз. Ба чашм. Манижа рухсат мехоњад.
Афросиёб. Манижа?! На!
Бирав, бо саворону торољ кун,
Нагунбахтро бесару тољ кун!
Барањна кашонаш бубар то ба чоњ,
Ки дар чоњ бин, он ки дидї ба гоњ.
Бубар зуду ўро ба Бежан супор,
Бимон то бимиранд њар ду ба зор.
Маро чашм агар тира гаштї ба љанг,
Бењ астї зи дидори ин рўзи нанг.
Гарсеваз. Чашм.
Бежанро аз зери дор кашида мебаранд.
Намоиши 9
Љангал. Чоњи Аржанг. Гарсеваз бо сарбозон Бежанро меоранд.
Ровї. Кашон Бежани Гев аз пеши дор
Бибурданд баста бад-он чоњсор.
Зи сар то ба пояш ба оњан бубаст,
Ба румї миёну ба занљир даст.
Нагунаш ба чоњ андар андохтанд,
Сари чоњро санг барсохтанд.
Бежанро ба чоњ меандозанд. Ба санги калони Аквондев банд баста, бо филони дар паси сањна истода кашида, сари чоњро мепўшонанд.
Ровї. В-аз он љо ба айвони он духтараш
Биёвард Гарсеваз он лашкараш.
Њама ганљи ўро ба торољ дод,
Аз ин бадра бистад, бад-он тољ дод.
Кашидаш давон то бад-он чоњсор,
Ду дида пур аз хуну рух чун бањор.
Гарсеваз аз дасти Манижа кашида, ўро ба сари чоњ меорад.
Гарсеваз.
Манижа, њамин аст туро хонумон,
Заворї бар ин баста то љовидон.
Бањораш туї, ѓамгусораш ту бош,
Дар ин тангзиндон завораш ту бош.
(Меравад).
Ровї. Чу Гарсеваз аз чоњи ў бозгашт,
Манижа або дард анбоз гашт.
Биёмад хурўшон ба наздики чоњ,
Яке дастро андар ў кард роњ.
Чу аз кўњ хуршед сар барзадї,
Манижа зи њар дар њаме нон чидї.
Њаме гирд кардї ба рўзи дароз,
Ба сўрохи чоњ оваридї фароз.
Ба Бежан супурдиву бигристї,
Бад-ин шўрбахтї њаме зистї.
Манижа нон талбида меорад ва ба Бежан мепартояд. Суруди вафо.
Намоиши 10.
Тахти шоњи Эрон. Кайхусрав, Гургин, Гев ва дигарон.
Ровї.
Чу Гургин ба даргоњи Хусрав расид,
Зи гурдон дари шоњ пардахта дид.
Чу дар пеши Кайхусрав омад, замин
Бибўсиду бар шоњ кард офарин.
Чу алмос дандонњои гуроз
Бари тахт бинњоду бурдаш намоз.
Ки …
Гургин.
… Хусрав ба њар кор пирўз бод,
Њама рўзгораш чу Наврўз бод.
Кайхусрав.
Бигў, пањлавон, чун буд роњ?
Куљо монд аз ту људо Бежано,
Бад -ў - бар чї бад сохт Ањримано?
Гургин. Чу дар љанг найза барафроштем,
Ба беша –дарун наъра бардоштем.
Гуроз андаромад ба кирдори кўњ
На як-як, ки њар љо гашта гуруњ.
Чу пилон ба њам барфикандемашон,
Ба мисмор дандон бикандешамон.
Кайхусрав.
Чї афтод, к-аз ту бимонд ў људо?
Ба мо рост гўй ар нахоњї бало.
Гургин.
В-аз он љо ба Эрон нињодем рўй,
Њама роњ шодону нахчирљўй.
Баромад яке гўр аз он марѓзор,
К-аз он хубтар кас набинад нигор.
Бари Бежан омад чу пиле баланд,
Бар сар-ш андарафканд Бежан каманд.
Фикандан њамон буду бурдан њамон,
Давон гўру Бежан пас-андар дамон.
Ба кирдори дарё замин бардамид,
Камандафкану гўр шудан нопадид. ..
Зи Бежан надидам ба гетї нишон,
Љуз ин асту зин аз пас – андар кашон.
Кайхусрав. Забон пур зи ёва, равон пургуноњ,
Рухат зарду ларзон тан аз бими шоњ.
Агар нестї аз паи номи бад,
Ва ё сўи Яздон саранљоми бад,
Бифармудаме то саратро зи тан
Бикандї ба кирдори мурѓ Ањриман.
Гев. Ту бурдї зи рањ мењру моњи маро,
Гузини саворону шоњи маро.
Пас акнун ба дастону банду фиреб –
Куљо **** орому хобу шикеб?
Зи ту кин кашидан басе кор нест,
Синони маро пеш девор нест.
Кайхусрав.
Чї бошад туро, - гўй, - аз ин куштано,
Магар коми бадгавњар Ањримано?
Ба Бежан чї суд ояд аз љони ўй?
Дигаргуна созем дармони ўй?
Гев. Оњ...
Шоњ. Куљо монд аз ту људо Бежано,
Бад-ў бар чї сохт Ањримано?
Бигўям туро њар куљо Бежан аст,
Ба љом ин сухан мар маро равшан аст.
Ба њафт кишвар њаме бингарам,
Ки ояд зи Бежан нишоне падид.
Шоњ Љоми Љам бар каф нињоду бингарид.
Гев. Шањо, офарин,
Ки бе ту мабодо замону замин.
Манзараи чоњу Бежану Манижаи гирён бо нур равшан мешавад.
Кайхусрав (ба Гев).
Зинда-ст Бежан, ту дил шод дор.
Зи њар бад тани мењтар озод дор.
Ки Бежан ба Турон ба банд андар аст,
Завораш яке номвар духтар аст.
Бар он сон гузорад њаме рўзгор,
Ки њар ду бигиряд чу абри бањор.
Кї хоњад шудан дар дами аждањо,
Кї орад мар ўро зи сахтї рањо?
Нашояд магар Рустами тезчанг,
Ки аз жарфдарё барорад нањанг.
Рустам бархеста таъзим кард.
Рустам.
Манам гўшдода ба фармони шоњ,
Бад-он сў равам, к-ў намояд роњ.
Кунун чораи кори Бежан кунам,
Зи чанголи Турон ба Эрон кунам. (Мераванд).
Намоиши 10
Як гўшаи дарбори Кайхусрав. Гургин ба Рустам мурољиат мекунад.
Гургин. Эй, некпай, фарруху некном,
Гарат ранљ н-ояд зи гуфтори ман,
Бигўям кунун бо ту кирдори ман.
Шавам пеши Бежан, биѓалтам ба хок,
Магар боз **** ман он кеши пок.
Рањо соз љони ман зи кини бало…
Рустам.
Агар бар хирад чира гардад њаво,
Наёбад зи чанги њаво кас рањо.
Њар он кас, ки гардад зи роњи хирад,
Саранљом печад зи кирори бад.
Агар Бежан аз банд гардад рањо
Ба фармони додори кайњонхудо.
Рањо будї аз банду растї ба љон,
В-агар љуз бар ин гуна гардад сипењр
Зи љону тани хеш бардор мењр.
Нахустин ман оям бар ту кинахоњ,
Ба нерўи Яздону фармони шоњ.
Мераванд.
Намоиши 11.
Турон. Корвонсарой. Рустам бо гурдњо дар сурати бозаргон меоянд.
Ровї.
Тањамтан биёмад чу сарви баланд,
Ба чанг андарун гурзу бар зин каманд.
Њама љома бар сони бозоргон
Бипўшиду букшод банд аз миён.
Сўи шањри Турон нињоданд рўй,
Яке корвон пур аз рангу бўй…
Яке хона бугзид, барсохт кор,
Ба кулба-дарун рахт бинњоду бор.
Рустам.
Ба бозаргонї аз Эрон ба Тур,
Бипаймудам ин роњи душвори дур.
Фурўшандаам ман, њам харидор
Харам чорпову фурўшам гуњар.
Ровї.
Манижа хабар ёфт аз корвон,
Якояк ба шањр андаромад давон.
Барањнасар он духти Афросиёб,
Бари Рустам омад ду дида бар об.
Манижа ба корвонсарой, назди Рустам меояд.
Манижа.
Њамеша хирад бодат омўзгор,
Хунук шањри Эрону хуш рўзгор.
Чу огоњї астат зи гурдони шоњ,
Зи Геву зи Гударзу Эронсипоњ.
Наёмад зи Бежан ба Эрон хабар?
Ниёяш нахоњад будан чорагар?
Рустам. Ту кистї, ай духти бегазанд?
Манижа. Манижа манам, завори Бежан.
Рустам (барои аз эњтиёт мункир мешавад).
Манижа, зуд аз пеши ман дур шав,
На Хусрав шиносам, на солори нав.
Надорам зи Гударзу Гев огањї,
Ки маѓзам зи гуфтор кардї тињї.
Манижа аз ин муносибат ранљида мегиряд.
Манижа. Эй мењтари пурхирад,
Зи ту сард гуфтан на андар хварад.
Сухан гар нагўї, маронам зи пеш,
Ки ман худ диле дорам аз дард реш.
Чунин бошад оини Эрон магар,
Ки дарвешро кас нагўяд хабар?
Рустам. Эй, духтар, чї буд?
Магар Ањриман растахезат намуд?
Њаме баршикастї ту бозори ман
Аз ин рўй буд бо ту пайкори ман.
Ва дигар ба љое, ки Кайхусрав аст,
Бад-он шањр ман худ надорам нишаст.
Надонам зи бун Геву Гударзро,
На њаргиз бипаймудам он марзро.
(Ба Гургин). Биёред, њарчї хўрданї њаст.
Гургин. Чашм. (Хўрданї меорад).
Рустам ба ў ишора мекунад. Гургин ишораи тасдиќ мекунад,
Рустам. Кунун аз ту шавам якояк хостор,
Ки бо ту чаро шуд дижам рўзгор,
Чї пурсї аз Эрону аз тахти шоњ,
Чї дорї њаме роњи Эрон нигоњ?
Манижа.
Манижа манам – духти Афросиёб,
Барањна надида танам офтоб.
Аз он чоњсар бо дили пур зи дард
Давидам ба назди ту, эй родмард.
Кунун дида пурхуну дил пур зи дард,
Аз ин дар бад-он дарду рухсор зард –
Њаме нони кашкин фароз оварам,
Чунин ронд Эзад аз ќазо бар сарам.
Зи ман зортар њоли Бежан бидон,
Ки рўзаш шаби тор гашта дар зиндон
Ки бечора Бежан дар он жарфчоњ
Набинад шабу рўзу хуршеду моњ.
Ба ѓуллу ба мисмору банди гарон,
Њаме марг хоњад зи Яздон бар он.
Рустам.
Маро дард бар дард бифзуд аз он,
Нам аз дидагонам биполуд аз он.
Манижа.
Кунун гар-т бошад ба Эрон гузар,
Зи Гударзи Кашвод ёбї хабар.
Ба даргоњи Хусрав магар Гевро
Бубиниву ё Рустами невро,
Бигўї, ки Бежан ба чоњ андар аст,
В-агар дер ої, шавад кор паст.
Рустам. Эй, хубчењр,
Чаро борї аз дидагон оби мењр?
Чаро назди боби ту хоњишгарон
Наянгезї аз њар сўе мењтарон?
Магар бар ту бахшоиш орад падар,
Биљўшад – ш хуну бисўзад љигар.
Гар озарми бобат набудї зи пеш,
Туро додаме чиз аз андоза беш.
(ба Гургин). Њар гуна хўриш биёваред.
Гургин. Чашм.
Мурѓи бирён медињад, Рустам нињонї даруни он ангуштарї мегузорад.
Рустам.
Ту ин ѓизоро бад - он чоњ бар,
Ки бечорагонро туї роњбар.
Манижа.
Ба коми ту бодо сипењри баланд,
Зи чашми бадонат мабодо газанд.
Меравад.
Намоиши 12
Сари чоњи Аржанг. Манижа меояд.
Манижа. Бежан! Бежан! Бежан! Ѓизо бароят овардам.
Ѓизои овардаашро ба дастурхоне печонда ба чоњ дароз мекунад.
Бежан. Ай мењрубон, аз куљо ёфтї,
Хуришњо, к - аз ин гуна биштофтї?
Манижа. Аз корвон.
Яке моявар марди бозаргон.
Аз Эрон ба Турон зи бањри дирам
Кашида зи њар гуна бисёру кам.
Ба ман дод аз ин гуна дасторхон,
Ки бар ман љањонофаринро бихоне.
Бад-он чоњ наздики он баста рав,
Дигар гар бихоњад бубар нав ба нав.
Бежан мурѓро кушода нигинро мебинад ва наќши онро мехонад.
Бежан. Яке муњри фирўзаи Рустам бар ўй,
Ба оњан навишта ба кирдори мўй. (Механдад).
Манижа. Ин чї ханда-ст эй некбахт?
Чї роз аст, пеш ору бо ман бигўй,
Магар бахти некат намудаст рўй?
Бежан. О-оњ, ин кори сахт
Ба уммеди онам, ки букшод бахт.
Манижа. Бигўй, чи асрорест?
Бежан. Кунун гар вафои маро нашканї,
Ба савганд бо ман ту паймон кунї,
Ки гар лаб бидўзї зи бањри газанд,
Занонро забон њам намонад ба банд….
Манижа. Дареѓо, ки шуд рўзгорони ман,
Дили хаставу чашми гирёни ан.
Бидодам ба Бежан дилу хонумон
Кунун гашт бар ман чунин бадгумон.
Падар гашта безору хешон зи ман,
Барањна давон бар сари анљуман.
Њамон ганљу динору тољу гуњар,
Ба торољ додам њама сар ба сар.
Аз уммеди Бежан шудам ноумед,
Љањонам сиёњу ду дида сапед.
Бежан (пушаймон гашта). Њама рост аст,
Зи ман кори ту пок баркостаст.
Ту бишнос, к-он марди гавњарфурўш,
Зи бањри ман омад ба Турон фароз,
Ба наздики ў рав, бигўяш нињон.
Ки эй пањлавони каёни љањон
Ба дил мењрубону ба тан чораљўй.
Агар худованди Рахшї, бигўй.
Манижа. Яздон ба доди мо расид.
Манижа давон меравад
Бежан.
Ту эй, пок бахшандаи додгар!
Зи њар бад ту бошї маро дастгир. …
Мусиќї. Манижа баргашта, њезум љамъ карда, оташ меафрўзад
Ровї.
Биёмад зи беша ба кирдори бод,
Манижа, ба Рустам паёмаш бидод.
Бидонист Рустам, ки Бежан сухун
Кушодаст бар гулрухи сарвбун.
Бубахшуду гуфташ, ки эй хубчењр,
Ки эзад туро з-ў набуррод мењр.
Бигўяш, ки оре, худованди рахш
Туро дод Яздони фарёдбахш.
Зи беша фароз ор њезум ба рўз,
Шаб ояд, яке оташе барфурўз. (448с.)
Рустам бо пањлавонон меоянд.
Рустам. Чашми бадон кўр бод,
Бад-ин кори Бежан маро зўр бод.
Рустам аз яздон мадад талабида, сари чоњ меистад.
Рустам. Бежан! Чун буд корат ба бад рўзгор?
Зи гетї њама нўш будат бањр,
Зи дасташ чаро бистадї зањр?
Бежан.
Бикандам дил з-ин сарои сипанљ
Зи бас дарду сахтиву андўњу ранљ.
Маро чун хурўши ту омад ба гўш,
Њама зањри гетї шудам пок нўш.
Рустам.
Шод бош, Бежано, ки бар љони ту
Бубахшуд бахшанда яздони ту.
Кунун эй хирадманди фархундапай,
Маро монда аз ту яке орзуй.
Ба ман бахш Гургини Милодро,
Зи дил дур кун кину бедодро.
Бежан.
Надонї, ту эй мењтари шермард,
Ки Гургини Милод бо ман чї кард?
Гар ояд бар ў бар љањонбини ман,
Бад-ў растахез ояд аз кини ман.
Рустам. Ай Бижан, гар бадхўвї
Бисозиву гуфтори ман нашнавї,
Бимонам туро баста дар чоњ пой,
Ба асп андарорам, шавам боз љой.
Бежан.
Зи Гургин чунон бад, ки бар ман расид,
Бад-ин рўз низам бибояд кашид?
Кашидему хушнуд гаштем аз ўй.
Зи кина дили ман биёсуд аз ўй…
Рустам бо каманд Бежанро мебарорад. Занљири оњанњои ба тани ў бастаро мекушояд. Бежан арзи сипос мекунанд.
Гургин. Бубахшой гуноњи маро. Надонистам, ки бо ту чї шуд. Аз ин рў, ба шоњ гуфтам, ки туро деви сафед фурў бурд.
Бежан. Ман ба Рустам савганд хўрдам, ки мукофоти бадиат надињам. Вагарна аз сад љонат яке зинда намемондам.
Манижа. Гургин бегуноњ аст. Ман аз ту пурсидам, ки њамрањат кист, нагуфтї, Агар медонистам, ба ў хабар медодам ва ин ранљњо намедидї.
Бежан. Бошад. Пињил кардам.
Мераванд.
Намоиши 15.
Тахти Кайхусрав.
Ровї.
Бар аспон нишастанд яксар мењон,
Гурозон ба даргоњи шоњи љањон.
Гурдњо ба дарбори Кайхусрав меоянд.
Чу омад ба дидор аз анбуњ нев,
Бар ў офарин кард Гударзу Гев,
Ки…
Гев. … Эй номбардор солори нев!
Туро љовидон бод Яздон паноњ,
Ба коми ту гарданда хуршеду моњ.
Њама банда кардї ту ин дударо,
Зи ту ёфтам пури гумбударо.
Кайхусрав.
Зињї, Рустами дил пур зи мењр
Ва љовид бодо ба комат сипењр.
Сарат сабз боду дилат шодмон,
Тани пок дур аз бади бадгумон.
Ба Бежан - сад љома дебои рум,
Њама пайкараш гавњару зар-ш бум.
Яке тољу дањ бадра динор низ,
Парастандаву фаршу њар гуна чиз.
Бежан. Сипосгузорам, шоњи љањон.
Кайхусрав.
Аё гурди нев, ин хоста,
Бубар сўи духти равонкоста.
Ба ранљаш мафарсою сардаш магўй,
Нигар то чї овардї ўро ба рўй.
Ту бо ў љањонро ба шодї гузор,
Нигањ кун бар ин гардиши рўзгор.
Якеро барорад ба чархи баланд,
Якеро зи чоњ оварад сўи гоњ,
Нињад бар сараш – бар зи гавњар кулоњ.
Чунин аст кори сипанљї сарой,
Баду некро ў бувад рањнамой.
Ба мардї набояд шудан дар гумон,
Ки бар ту дароз аст дасти замон.
Њаме то тавонї ба некї гирой,
Ситоиш кун Ўро ки шуд рањнамой.
Манижаро дар чодари њариру тољи арўсї меоранд.
Базми арўсї.
Свидетельство о публикации №223032700247