Александр Гельман Скамейка - Харак-курси перевод н

Александр Гелман







ХАРАК-КУРСЇ
барои ду кас

драма





Тарљумаи Љумъа ЌУДДУС

Иштироккунандагон:

Зан.
Мард.

Зани заринмўй.
Зани айнакдор.
Духтарак.



Таќсимот ба ќисмњо ба ихтиёри тањиягар.



































Дар боѓи шањрї мусиќї садо медињад, њама аттраксионњо кор мекунанд, дар дуконњо савдо идома дорад, садои тир дар ТИР-њо, тўбњо ба њаво мепаранд. Халќ истироњат мекунад. «Њоло барваќт-а?» - мепурсад зане  аз дугонааш. Айни замон зани дигаре ба шавњараш мегўяд: «Бин, аллакай торик шудааст!» ва њарду њаќанд. Зеро ки дар рўи замин ваќти говгуми шоми мафтункунандаи тобистон фаро расид, ки шоир онро чунин васф кардааст: «рўз мурду шаб тавлид гашт».  Мањз дар њамин лањза дар яке аз гулгаштњои нисбатан камодами боѓ як марди миёнќади пуррабадани кали таќрибан 45-сола, дар тан либоси на чандон озодаи шими куњнаи љинсї, курткаи обшустаи велвети сабз, курта, бе тавќ дар гардан пайдо мешавад. Андак ширакайф, дар њаяљон аст, чашмони одатан мањзунаш аз айёриву ќатъият медурахшанд. Аз байни гулгашт ќадам зада, гоњ ба чап назар мекунад, гоњ ба рост. Диќќати  ўро занњои љавону духтарони дар харак-курсињо нишаста љалб мекунанд.

Мард (ба харак-курсии зани миёнсоли заринмўй нишаста наздик мешавад. Бо оњанги расмї). Лутфан, бигўед: имшаб борон меборида бошад, ё намеборад?   
Заринмўй. Чї, чї?
Мард (калавида). Мегўям, ки имшаб борон меборад, ё намеборад?
Заринмўй. Њозир шавњарам меояду ба сари ту жола меборад!
Мард. Ташаккур. Тафсири комилан пурра. (Таъзим карда роњашро давом медињад). Духтараки хушрў, лутфан зид намешавед, дар назди шумо лангар партоям? 
Духтар (рўй турш карда). Зид! Аз бўй ќимобам. Шумо бўйи њафт хар мекунед.
Мард. Воњ-воњ…Узрр. (Меравад. Ба назди зани айнакдор мешинад, ки газета мутолиа мекунад). Дар газета чињо менависанд? Љанг ба зудї тамом мешавад, ё не?
Зани айнакдор. Марњамат, метавонед худатон хонед.
Газетаро ба ў дода меравад. Мард хеста аз ќафои ў рафтанї мешавад, вале даст афшонда, худро дубора ба курсї мепартояд. Газетаро кушода, чашм медавонад. Вале ба мутолиа халал мерасонанд. Аз ќафои ў њуштаккашии ноуњдабароёна садо медињад. Дар паси харак-курсї зани љавоне, куртааш гулдор, банди сумкача дар китф, рўйяш лоѓари дароз, гарданаш борики дароз, муйњояш оддї, то китф, лоѓар, 35–37 -сола.
Зан (бо мењр кашол дода). Салом, азизам. Шом ба хайр.
Мард (њайрон шуда, бо оњанги зан). Шом ба хайр, азизам. 
Зан. Гўгирд доред? (дар байни ангушташ сигор).
Мард. Ёфт мешавад. (Аз киса оташафрўз мебарорад). Барои чунин хонуми зебо њамеша оташ пайдо мекунем!
Зан. О-о-о… (Сигорашро оташ мегиронад. Бо ѓамза).  Мумкин шинам?
Мард. Албатта. Ман њаёти ояндаамро бе шумо тасаввур карда наметавонам!
Зан. Наход…
Мард (то нишастани зан зери ў газета мегузорад). Марњамат, азизам. 
Зан. Ташаккур, азизам.
Мард. Аз кадом тарафатон љой гирам? Собиќ занам бо тахаллуси «овфимор» талаб мекард, ки аз пањлуи росташ шинам. Ба Шумо чї хелаш маъќул?
Зан. Ба ман фарќ надорад.
Мард. Набошад, аз чап мешинам, ки њамааш баръакси ў бошад.
Зан. Наход?
Мард (љафс мешинад. Ба гўшаш). Як сирро мекушоям: номи ман Николай.
Зан. Чї, чї?
Мард (оњангдор, паст). Ни-ко-лай. Ко-ля. Номи шумо чї?
Зан (баланд). Номро чї мекунед, ваќте худам дар пешатон њастам.
Мард (шод). Рост. (Як дасташро аз паси зан мегузарона). Шумо аз он гуруњи  занњоед, ки бароятон аз шакл дида, дили инсон муњимтар аст.
Зан. Шумо аз кадом ќабил мардед? (Дасти ўро аз китфаш дур кардан мехоњад).
Мард. Марди озод. (Дасти дуюмашро аз пушти ў гузаронда њалќа мекунад).
Зан. Њоло њамин хел? (бо бозувонаш ба синаи мард мезанад).   
Мард. Бале. Худам ба худам хўљаин! (сахттар оѓўш мекунад).
Зан. Ба худатон - ихтиёратон, вале ба ман хўљаинї накунед. Дастатонро гиред!
Мард (гўё намефањмад). Узр…
Зан (љиддї бо ѓазаб). Мегўям, ки сар дињед маро!
Мард. Ман мегўям, ки узр! (Сахттар оѓўш мекунад). Ман дар сафари хизматї. Семоња омадам. Ягон шинос надорам. Мебахшед, вањшї шудаам. Хобњои шайтонї мебинам. Метавонам ба девонахона афтам.
Зан (бо сар мезанад). Маро сар дињед! (Худро људо карда, мехезад). Нобакор…
Зан куртаашро рост кард, мўйњояшро ба тартиб овард, дубора ба харак-курсї нишаст, фаќат дуртар. Вале љиддї, нигоњаш тањдидомез. Аз сумкачааш сигори нав мегирад, оташафрўз њам дорад. Сигор мечокад. Мард низ сигор мечокад. Як муддат хомўшї. Пас аз чанде мард сигорро ба партовдон партофта, ба зан наздик мешавад.
Мард. Ман узр мехоњам.
Зан рўй мегардонад, сигор мечокад.
Мард (наздиктар мешинад). Ман дар њаќиќат узр мехоњам. Бе шўхї.
Зан рўяшро бурма мекунад.
Мард. Гап сари он, ки ман шуморо каси дигар гумон кардам. 
Зан (ба ў менигарад. даъвогарона). Чї гуфтед?
Мард. Бо як дидан одамро ба гуруње мансуб медонем. Дар ин кор хато кардам: шуморо дигар хел гумон кардам. 
Зан бо афсўс рўй мегардонад.
Мард. Рости гап, шуморо аз љумлаи занњое гумон кардам, ки бо зўрї соњибї кардан даркор. Онњо одатан дасту по мезанад, фиѓон мебардоранд, вале баъд рањмат мегўянд. Вале хато кардам.
Зан. Ба фикри ман, шумо барваќт… њоло ба дунё наомада хато карда будед.
Мард. Шояд. Одат надорам, ки одами хуб буданамро исбот кунам. Њастам – њастам. Дарвоќеъ, аз хато худам азият мекашам. Медонед, дар Севастопол чї шуд? Шумо дар Севастопол будед?   
Зан. Не, набудам.
Мард. Ана, дар он љо њам дар сафари хизматї будам, дар лаби бањр як зани танњо менишаст. Наздаш нишастам, гап задам. Бо камоли майл посух дод. Наздиктар нишастам. (Ба зан наздиктар мешавад). - Њамааш соз. Боз наздик шудам. (Наздиктар мешинад). – Тинљї! (Наздиктар мешинад). – Олиљаноб!.. Шумо безобита нашавед. Ман ба шумо даст намерасонам. Ваќте њикоя мекунам, бояд аёнї нишон дињам. Набошад, наќл карда наметавонам. (Давом медињад). Ман боз наздик шудам.  Дастамро аз миёнаш гузарондам.  (Дасташро аз пушти зан мегузаронад). Тинљї буд. Ваќте ки аз бехи гўшаш бўсидан хостам, нохост касе бо мушт ба манањам зад! Як бор, ду бор, се бор! Аз чашмонам оташак парид. Шўяш будааст. Маълум шуд, ки як лањза пеш љанљол кардаанду вай дар хараки дигар нишастааст. Барои рашки вай занаш бо ман ѓамза кард. Онњо хеста рафтанду ман бо сари кафида мондам. Болои ин, занак ба ман нигоњ мекарду механдид. Ин хел њам мешавад. Ман аз кадом гуруњ будани он занро нафањмидам. Шуморо њам. Агар медонистам, њоло дўстона суњбат медоштем. Вале акнун шумо ба ман душманона назар мекунед. Акнун метарсам, як савол дињам, ки бисёр мехостам пурсам. (Табассум мекунад). Мумкин пурсам?   
Зан (бе таваљљуњ).  Њм….
Мард (нарм, самимона). Шумо танњо зиндагї мекунед?
Зан (оњ мекашад).
Мард. Танњо нестед? Ё… танњоед?
Зан. Ду касем.
Мард. Бо модаратон?
Зан (хомўш аст).
Мард. Бо писаратон? Аниќ, писар! Шумо ба зании духтардор монанд нестед. Ба зани писар таваллуд карда монандед. Сураташро доред?
Зан (бо изтироб оњ мекашад).
Мард. Хайр, нишон дињед. Ман кўдаконро дўст медорам. Бе шўхї. Як духтар дорам, бистсола, як моњ пеш ба шавњар баромад. Вале собиќ занам, бо тахаллуси «офимор» рухсат надод, ки дар тўяш иштирок кунам. Мефањмед?
Зан дар телефонаш сурати писари дањсолаашро љуста нишон медињад.
Мард. Вай-вай! чї хел хушрўяк! Худи худатон. Канда гирифтагї. Номаш чї? 
Зан. Витя.
Мард. Бењтарин ном! Витяљон! Вай дар хона?
Зан. Њоло вай дар лагери пионерї.
Мард. Вай доночаи мо-е. Ба аќли расош садќа: имкон медињад, ки очаљонаш дам гирад, ѓамакоша дур кунад. Мо худи пагоњ бо очаљон туро хабаргирї меравем, ба маѓоза даромада, туњфа мехарем. Витяљон ведосипед дорад?
Зан телефонро кашида мегирад, рўй мегардонад.
Мард. Ман љиддї мепурсам.
Зан. Чаро якбора ин ќадар сахї шудед?
Мард. Сахї не, одил. Зан ба ман мењрубон бошад, ваќтамро хуш кунад, даромадам хуб - 400 бошад, чаро ёрї нарасонам? Маълум, ки … 
Зан (сарзанишкорона писханд мезанад).
Мард. Чаро механдед? Ман марди хубам. Вале каллаи мо аз занњо фарќ дорад. Мисол, дар сари ман фикре меояд, ки дар каллаи шумо пайдо шуда наметавонад. Мисол, хабар доред, ки пас аз чил даќиќа маѓозаи хурокворї баста мешавад?
Зан (бо афсўс). А-а-а-ањ...
Мард. Бењуда механдед. Баъзењо хафа мешаванд (бо таќлид): «Ин чї гап? Њоло дуруст шинос нашуда, аллакай ба љогањ медароянд. Дањшат»! Савол ба миён меояд, ки чаро одамон саросема мешаванд? Зеро ки маѓозаи араќ зуд баста мешавад. кори давлат соати 6 анљом меёбад, кори маѓоза – соати 9.
Зан (табассум мекунад).
Мард (љафс шуда, дўстона оѓўш мекунад). Ана барои њамин, бо назардошти тангии фурсат, пешнињод мекунам: мо њозир њамроњи шумо аз  ин курсии олиљаноб, љойи мулоќоти сарнавиштсозамон, мехезем, Боѓи олиљаноби истироњати ба номи Цюрупаро тарк намуда, ба маѓозаи хўрокворї меравем. Ман ѓарибам, лекин маѓозаро медонам, њар чизи ба љони шумо роњат бахшандаро мехарем, бо таксї ба хонаи роњати шумо ба мењмонї меравем. (Дар интизории љавоб меистад).      
Зан. Эњња-а!
Мард. Пешнињодам боаќлона?
Зан. Худди худаш!
Мард (шод). Пас, меравем? 
Зан (сард). Куљо … меравем?
Мард. Чї хел ба куљо? Ба мењмонии шумо…
Зан. Шумо дар мењмонии ман будед, Юраљон, ки њоло Коляљон шудед.
Мард (бо тањлука). Чї гуфтед? (Асабиёна хандида). Эњ-њењ, нафањмидам. 
Зан (даѓалона). Ту дар хонаи ман будї, гуфтам. Хотираат гум шудааст? 
Мард. Ман?… Ман рафта будам?
Зан. Ту будї, ту. Шояд луч шавам, ки шиносї?
Мард (аз ў дуртар шудан мегирад).
Зан.  Наљунб! То маро ба ёд наорї, ба њељ љо намеравї. Фаромўш кардааст! (Аз гиребони пиљакаш дошта метаконад). Ба ёд биёр! Ба ёд биёр!
Мард. Ин хел накунед. Одамњо менигаранд.
Зан. Дидан гиранд. Ту ба ман нигар. Соз нигар. Њамин ќадар душвор аст, ба ёд овардани зане, ки як сол пеш дар хонааш… Майнаи карахтата бедор бикун.   
Мард. Шумо… Шумо…
Зан. Хўш, хўш…
Мард. Шумо дар заводи чинї кор мекунед…
Зан (аз њарду гиребони мард дошта). Дар заводи чинї не, дар фабрикаи љуроббофї кор мекунам. Вай боз маро бо дигарон иштибоњ мекунад! Чашмата кофта мегирам! (Тела медињад, сумкачаашро гирифта равон мешавад). Бадзот.   
Мард (љаста мехезад, шодон). Вера!?.. Вера!... 
Зан меистад. Пас аз лањзае љониби мард мегардад.
Мард (бо табассум, шармомез). Вера…
Зан. Чї мисли садбарги моњи май шукуфтї? 
Мард (табассумашро ќатъ мекунад. Бо намудаш узру шафќат мехоњад). 
Зан. Ту њамаашро ба ёд овардї? Ё ќисман?
Мард (ќатъї, бо алам). Њамаашро.
Зан. Њозир месанљем. Мо дар куљо шинос шудем?
Мард. Дар њамин љо... дар боѓ. Ту њо ана он љо нишаста будї, дар назди фаввора. Табъат нохуш буд, ман хурсандат кардам. 
Зан. Баъд чї шуд?
Мард. Баъд мо рафтем… не, аввал дурудароз сайругашт кардем, баъд ба ќањвахона рафтем, баъд ба маѓоза даромадем, ана баъд рафтем.
Зан. Баъд чї?
Мард. Ба хонаи ту рафтем.
Зан. Баъд?
Мард. Баъд бо ту будем…
Зан. Баъд?
Мард. Баъд вай… хайр, ман рафтам.
Зан. Чї хел рафтї? Куљо рафтї? Ваќти рафтанат чї гуфтї? 
Мард. Хайр, ваъда додам, ки зуд бармегардам… Гуфтам, ки чизњоямро аз хобгоњ њуљљатњоямро мегираму … дар хонаи ту зиндагї мекунам.
Зан. Чаро барнагаштї?
Мард (хомўш мемонад).
Зан. Ваќте ба таксї нишастї, медонистї, дигар намеої?
Мард (хомўш).
Зан. Љавоб медињї?
Мард. Не.
Зан. Чаро?
Мард. Гапи мегуфтагї надорам.
Зан. Сакалтуи боѓї! Дайдуи безорї!
Мард (сухани ўро мебурад). Дашном додан лозим не.
Зан. Чї хел туро замин мебардорад?
Мард. Бе тањќир. Одамњо ба мо механданд.
Зан. Одамон? Ба њоли ман тамоми милитсия механдид. Њамон шаб давида ба милисахона рафтам. Гумон кардам таксї ба садама гирифтор шудааст. Туро мепурсаму фамилияатро намедонам. Номаш Юра мегўям… вале акнун маълум мешавад, ки ин Коля будааст. Аслан ту кистї, - Юра ё Коля?
Мард. Ман Алексей.
Зан. Кї? Кї?
Мард. Алексей.
Зан (истењзоомез). Алексей… Лёшаљони юрмонак! Ва куљо гурехтед дар ними шаб Юра-Коля-Алексей? Ба назди беваи дигар? Бо ман роњат надидед? Бад будам-а? 
Мард. Хуб буд…
Зан. Пас гап дар чї? Метавонистї сањар гурезї.
Мард. Билет доштам.
Зан. Билети чї?
Мард. Ба самолёт. Муњлати сафар тамом шуд. Чизњоро ѓундоштан лозим буд.
Зан (дурудароз менигарад. Бо дард). Чї хел харигарї-а!... 
Мард (бо ѓурур, суханашро мебурад). Њаќорат кардан лозим не!
Зан. Акнун дар тамоми боѓњои истироњати кишвар саргузашти навата мегўї? Ин Севастопол не, ки чанд мушт хўрдї. Инља дигар – зан ошиќї кардаатро нашинохтї! Њай механданд-да! Ту инсон нестї, њайвонї…
Мард. Тањќир кардан даркор не, Вера!
Зан ( бо ѓазаб). Мекушам. Буѓї мекунам. Њам турову њам худамро! Худи њозир.
Мард (љањида, хишти таги дарахтро гирифта ба зан медињад). Мањ, гир, гир! (Ба дасти зан метиќконад). Тамом кун, агар ман њайвону бадзот бошам. Заминро аз чунин палид пок гардон! Бењтараш бикуш, … аммо њаќорат накун. Куш! (бо шаст ба курсї нишаста, сарашро хам мекунад). Зан!   
Зан (хиштро болои сари ў мебардорад). Њозир чунин мезанам, ки… (Хиштро дур мепартояд). Ёфтї … 
Мард хам шуда мешинад, китфонаш меларзад. Як бор, ду бор.
Зан (бо истењзо). Вай–вай–вай, гиря мекунї. Нола дорї. Худоё… Масхарабозї бас. Бовар кардам… (Наздаш нишаста, дасташро ба рўи ў мебарад. Ба ангуштонаш мегигарад). Не-е, ашк аст? Ту чї, артистї? Бо супориш ашк мерезї? (Аз сумкачааш рўймолча бароварда медињад). Оби чашмата пок кун, хўса.
Мард рўймолчаро гашта љониби зан мепартояд. Аз киса рўймолчаи худашро бароварда, ба чашмонаш мемолад. Зан рўймолчаашро аз замин мегирад. Мард нохост калавида, сари худро ба зонувони зан мепартояд.
Зан. Њой-њой! Худаш чї гап! (Дастонашро ќафо мегирад, ба ў аз боло чун ба сагчаи фукашро монда хобида назар мекунад). Хайр, бас, бас. Бас кунед мегўям. (Мехоњад, тела дода, аз рўи зонувонаш дур кунад). Ба кї гуфтам? Бас кунед. Ёфтед љойи гиря карданро.  Дар домани зани дигар давом медињед. (Бо душворї зонуи худро халос менамояд, мард ба куртаи зан мечаспад. Зан дасти ўро тела медињад,  мехезад).
Мард (аз сумкааш медорад). Вера маро танњо намон. (Сумкаро сар дода, дилашро медорад). Шшшайтон занад… (Нолиш мекунад. Абрў чин менамояд).
Зан. Ња!? Боз чї бало зад?
Мард. Ана ин љо мисли як порча ях. Месўзонад, аз байнаш… Ббббало занад.   
Зан (ба наздаш нишаста). Валидол дињам?
Мард (сар мељунбонад). Не, мегузарад. Мебахшї… њозир…
Зан. Зуд-зуд месўзонад?
Мард. Гоњ-гоњ, вале месўзонад…
Зан. Ту дар куљо зиндагї мекунї? Ба куљо ба сафари хизматї омадї?
Мард. Ба сохтмон. Ба ТЭЦ. Дар хобгоњам… дар канори шањр…
Зан. Он дафъа ба ким-кадом завод гуфтї, … чи хел як мошинро насб мекунї.
Мард. Дурўѓ гуфтам. Он дафъа њам ба ТЭЦ омада будам.
Зан. Манзили доимиат дар куљост?
Мард. Дар њељ љо.
Зан. Чї хел дар њељ љо?
Мард. Хонаро ба онњо башидам. Фаќат љойи ќайдам дар Ќазон.
Зан. Дар Ќазон? Он дафъа магар Ќазон гуфта будї?
Мард сар мељунбонад.
Зан (китф дарњам мекашад). Ба шањри мо тез-тез меої? 
Мард (бо дард). Дафъаи дуюм. Вера, иљозат дењ ба хонаат равем…
Зан. Ња-а?! Суњбат дар њавои тоза бењтар. Дер боз танњо зиндагї мекунї? 
Мард. Се сол шуд. 
Зан. Чї хел се сол? Дафъаи гузашта њам се сол гуфта будї.
Мард (базўр њарф зада). Ќариб њама гапам дурўѓ буд. Биё, ба хонаат равем, Вераљон. Дар он љо њамаашро мефањмонам. Биё, рафтем…
Зан. Ту занатро партофтї, ё занат аз ту рафт? Он ваќт гуфта будї, ки…
Мард (суханашро мебурад). Сабр кун. Мисли бегонањо мешинї, пурсуков чї даркор? Аќаллан оѓўш мекардї… Хайр, оѓўш бикун, Вераљон. Хоњиш мекунам…
Зан хорпуштакквор худро дарун кашид, ќавоќ гиронд. Мард дасти ўро гирифта, ба китфи худ гузошт, фукашро ба пеши бари ў љафс кард. Зан хомўш.
Мард (паст). Вераљон, биё, оњистаяк меравем…
Зан.  Меравию дертар. Бењтараш гўй, ки чаро ба ин рўз расидї?
Мард. Ба кадом рўз?
Зан. Худат наѓз мефањмї.
Мард (роњаттар нишаста). Муљаррад мондам, Вераљон… 
Зан. Чї, чї?
Мард. Бењаё шудаам. Таассурот дар ин калла бењад бисёр, мефањмї? Дар як кала љой додани ин ќадар эњсос мумкин не...
Зан. Чаро боѓ ба боѓ дайдугї мекунию зан намегирї?
Мард. Эњ, зангирї бароям дер шуд. Зудтар, баъди људо шудан издивољ кардан лозим буд. Вале зиндагии ман бо вай, «офимор» чунон азоб буд, ки фикри зангирї аз сарам парида рафт. Табиаташ вазнин буд: ба љонам мерасонд, гоњо рашк карда, аз пасам мепоид, гоњо худаш бадмастї мекард, як гап шавад, худаша ба дор меовехт, аз дасташ ягон кор намеомад – на пухтупаз, на утикунї, на кўдакбонї … Худам хўрок мепухтам, дегу табаќ  мешустам, духтарчаамро ба мактаб гусел мекардам, худам љорўб ба даст нагирам, хонаро маѓор зер мекард. Ваќте аз вай халос шудам, њељ чиз намехостам, на зан, на оила. Танњої мехостам танњої. Оромї, оромї, оромї мехостам. Ана се сол гузашту, њоло њам таги дилам сиёњ. Ягон умеди нек надорам, дар дилам холигї, Вера.   
Зан. Чї хел бе умед, чї хел холигї?
Мард. Гуфтам – ку, баъди талоќ додан даррав зан гирифтан даркор буд. Бисёр мардњо њамин хел, дуруст њам мекунанд: аз як зан ба зани дигар мепаранд. Ана њамин хел кардан даркор. Њоло ягон дўстам муљаррад шавад, маслињат медињам, ки зуд оиладор шавад. Набошад ба дасти бевањои маккор меафтї ва мисли ман хонасалот мешавї. Имрўз дар сини 42-солагї муљаррад мондан дањшат аст. Медонї, шањрњо пур аз бевањои сархўр! Љаррасата мебароранд, эзората кашида мегиранд. 
Зан. Кї туро хонасалот кард?
Мард. Сархўрњо… Хайр, бевањо, занњои аз шў људошуда. Ман онњоро  сархўр меномам. Ба хонаву дари шўяшон соњиб шуда, доди бедодиро медињанд. Замон - замони наркуши модарпарвар. Ин мавзуъ шавќовар не, Вераљон, рафтем. (Мехезад).
Зан (ўро медорад). Пас ман њам њамин хелам?
Мард. Дуруст. Њамин хел… Вале ту дигар. Ту ба мардњо намечаспї. Дар мењмонхона, ё хобгоњ ба гардани мардњо савор намешавї. Ана, як рўз ба майдончаи раќс даромадам. Дар як ширкати калони сохтмон. Бо як бевача мераќсидам. Нохост эълон карданд, ки занњо њарифро интихоб мекунанд. Њамон замон як беваи дигар маро кашида гирифт. Мегўяд, ки вай, зани пештар раќс кардам, ба ман мувофиќ не, дар хобгоњ зиндагї мекунад, инаш бошад, хонаи алоњида доштааст. Маро мањкам дошт. Ту ин хел не-ку. Зорї мекунам, ту маро хонаат бурдан намехоњї. Рафтем?
Зан (ўро медорад). Давомашро гўй…
Мард. Давомаш маълум. Корам сохтмон ба сохтмон гаштан. Сафарњо. Ман мутахассиси васлгар, кори сердаромад. Рўзи дароз васл мекунам, шаб чї? Хобгоњ равам? Ба љонам задааст хобгоњ. Ана њамин хел, даст ба даст, болин ба болин рафтам. Аммо дилам зад. Ман дар њамеша аз тањти дил кор мекунам. Чалакорї карда наметавонам. (Каме хомўш). Шабњо хеста бинам, ба обу араќ ѓўтидаам. (Пешониашро медорад). Бедор мешаваму аз фикри зиёд ба дањшат меоям. Куљо равонаам? Ба ман чї шуд? Дар об ѓарќам, дарёи муњит маро куљо мебарад? Аз зиќї дилам ба кафидан меояд… Ваќте аз зан људо шудам, гумон доштам, ки акнун барои худам зиндагї мекунам. Ором, ба маънї, бо наќшаи муайян… баъд ягон ягон зани ороми хуб пайдо мешавад, чени дилам… Якдигарро, ки дидем, ба оѓўш мегирему тамоми ѓами дунёро фаромўш мекунем… Ана, мебинї, то куљо расидам.      
Зан. Кї гунањгор?
Мард. Худам, албатта. Вале аз ин њолам бењ намешавад. Ба фикри ту, ваќте камбудиамро медонам, зистан ба ман осонтар аст? Охир – муњаррики мошин суст, намекашад. Охир як шабу ду шаб азоб намекашам. Як шаб хун ба сарам мезанад, шаби дигар мезанад. Њар шаб бедорхобї, њар шаб шаробхўрї… 
Зан (суханро мебурад). Ту чї, алкоголик шудї?
Мард (дилсардона). Аз майзада њам бадтар, Вера.
Зан. Чї тавр бадтар?
Мард. Дигар дурўѓ гуфтан намехоњам. ту зани љавон, шавњар кардан мехоњї…
Зан. Чї-чї-ї?
Мард. «Чї-чї» нагў. Ту шавњар мехоњї. Он дафъа њам мехостї. Барои њамин дили туро ёфтам. Њоло њам мехоњї. Дуруст њам мекунї? Чаро бояд танњо зиндагї кунї? Вале, дон, ки ман зиндагии оилавї карда наметавонам.   
Зан. Ња-а!? Кай боз?
Мард. Гап дар сари вай не. Дар он масъала созам. Лекин бо як зан дер истода наметавонам. Ман не, занњо наметавонанд.
Зан. Чаро занњо наметавонистаанд?
Мард. Барои он, ки баъди талоќ, хислати ман дигар шуд: як дар мегираму баъди чанде алови дилам хомўш мешавад. Зиндагї як шабу ду шаб бошад, аз ман бењтараша намеёбї. Вале барои зиндагии доимї бадтар аз ман ягон мард нест. Борњо кўшишдам, ки лангар партоям, нашуд. Даррав мумсик мешавам, ба ягон гапи зан бовар намекунам, дегу табаќро хабар мегирам, одамонро аз хона дур мекунам, њамеша ба назарам чунин менамояд, ки занам бо касе мегардад. Бо ман, ки бе ягон зиддият њамхоба шуд, бо дигарон чаро њамхоба нашавад? Ин зиндагї не – дањшат! Ягона дилгармии ман – кўдакон маро дўст медоранд. Аниќ. Вале очањошон дигар:  аввали ишќ – нону намак, бўсу канор, охири ишќ – мушту лагади обдор. 
Зан. Пас, онњо занњои хуб набудаанд.
Мард. Занњои муќаррарї.
Зан. Вале ба ту зани ѓайримуќаррарї даркор. Муќаррарияш њељ ваќт дили ту, бадмасти рањгумзадаро намефњмад, чунки зани муќаррарї фаќат худашро дўст медорад. Ана барои њамин ба ту зани ѓайримуќаррарї даркор… мисли ман. Ман худама пешнињод карданї нестам, ин фикра аз сарат дур парто. Ту аллакай як бор шўи ман шудї. Дигар њафт пуштам рўи туро набинад. Танњо барои мисол мегўям: ба ту зане лозим ки табиатан мисли ман бошад. Вале девонаи мисли манро дигар дар рўзи равшан бо чароѓ намеёбї. (Пойафзолашро кашида ба харак-курсї мебарояд ва сарашро ба зонуи мард мегузорад). Тасаввур мекунї, Лёшаљон, вай даромадашро аз ман пинњон мекард, то ба писараш ягон тин зиёдтар пул надињад. Мани аблањ бошам, ўро интизор будам. Гўё ки ба хонаи зани дигараш нею, ба мардикорї рафтааст. Барои дилам манзарањои гуворо пешбинї мекардам: ана, ман аз кори фабрика меояму ў дар остонаи дарам интизор аст. Ман ягон гап намегўям, даруни хона медароем, ў дар ванна шустушў мекунад, ман дастурхон мекушоям… Баъд ба љогањ медароем ва ман ба ў мегўям: «Петяљон, дар тамоми ин муддат бо ягон кас њамнишин нашудам, танњо туро интизор будам». Мефањмї, ана њамин хел, мисли девона, дар кати пањнбар танњо дароз кашида наќшањои хаёлї мекашам ва орзу мекунам, ки вай инро шунида, аз хушбахтї ашк мерезад... Њар ваљаб бадани маро мебўсад…   Аммо вай аллакай аз зани дуюмаш њам људо шуда, боз зан гирифтааст!..
Мард ба њаяљон омада, хам шуда лабу  мўйи занро мебўсад.
Зан (нохост). Накун! (Тела дода, менишинад). Њамаатон њамин хел. Ту њам бад не. Барои одам кардани ту чї ќадар ќувват, асаб даркор, сабру тоќат… Њамхоба шуданата медонию тамом, пагоњаш парида меравї. Фикр накун, ки ман занат шудан мехоњам. Асли туро мебинам. Медонї туро чї наљот дода метавонад. Гўям?
Мард. Фаќат хоки лањад.
Зан. Девонагї накун. Фаќат хоњиши зиёди туву он зан даркор. Он ваќт маќсад њосил мешавад. Њама чизро таѓйир додан мумкин, агар амал кунї, Алёша. Як мисол меорам. Ман нозири ОТК њастам. Сардори мо нав шуду ситораамон рост наомад. Њељ дилаша наёфтам. Маљбурам аз кор равам. Лекин ман дањ сол боз дар як љо кор мекунам. Бо њама шинос, мисли хешу табор шудаем. Ва ман чї кор кардам? Шоми љумъа, пеш аз рўзњои истироњат ба наздаш даромадаму гуфтам: «Анна Захаровна, хоњиш мекунам, пагоњ соати ду ба хонаи ман оед, як маслињат њаст, ба сарнавишти як инсон дахл дорад. Агар наоед, ин гуноњро ба худатон намебахшед».  Омад. Ман таом пухтам, шароб њам харидам. Хонаам, ту медонї, тозаву озода. Палтояшро гирифта гуфтам, ки пойафзолатонро кашед, дар хонаи ман тобистону зимистон њама пойи луч мегарданд. Аввал њайрон гашт, вале баъд пойи луч ќадам задан маъќул шуд. Аз сардор ба зани хуби муќаррарї мубаддал шуд. Сари дастурхон нишаста, як ќадањї бардоштем. Баъд гуфтам: «Анна Захаровна, ана шумо маро бад мебинед, вале дар бораи ман ягон тасаввурот надоред. Ба ман аламовар. Барои њамин сарнавиштамро ба шумо њикоя мекунам. Он тараф худатон хулоса кунед, ки маро бад дидан лозим, ё на». Ва аз рўзи таваллуд шуданам наќл кардам. Дар бораи падари майзадаам, модари хушрўякам, дар бораи Пётр њам, дили озурдаам… Њамаашро гуфтам. Ваќте тамом кардам, дидам ки ашк мерезад. Баъд ў њаёти худашро ќисса кард. Вай њам аної набудааст. Њамон шаб њамроњи ман монд. Ва тамом – шом душман будем, сањар дугона шудем. Фањмидї? Агар хоњї, њама чизро таѓйир додан мумкин. Агар хоњї. Сабр не, амал кардан лозим. Наханд, девона. Бењтараш фикр куну гўй, ки чї орзу дорї. Ягон орзу дорї, ки тамоми умр ба даст оварда наметавонї?    
Мард механдад.
Зан. Љиддї мегўям. Биё, аз чизњои љузъї сар мекунем. Мисол, орзу дорї, ки соњиби чї шавї? Аз либос, масъалан?
Мард. Намедонам.
Зан. Ту фикр кун.
Мард. Кулоњи велветї - мисли њамин куртка.
Зан. Барои занат харидани кулоњи велветї - ду кара ду. Ягон орзуи дигарата гўй. Мисол, ба ягон љойи дур сафар кардан мехоњї?
Мард. Ба Камчатка. Волидонам аз он љо, вале ман ягон бор нарафтаам.
Зан. Хуб, аз њисоби як рухсатии солона ба Камчатка меравї. Занат инро ба наќша мегирад. Ин имконпазир, Алёша. Метавонї духтару домодатро њам барї. Охир мехоњї, ки бо онњо муносибатат наѓз бошад?
Мард. «Офимор» намемонад.
Зан. Мемонад.
Мард. Намемонад.
Зан. Мемонад. Як мисол меорам. Замоне буд, ки њељ намехостам Петя писарам Витяро бинад. Лекин медонистам, ки вай писарашро дўст медорад, њарчанд як тинро дареѓ медорад. Ва ман ќарор додам, ки Витяро зидди падараш шўронам. Нохост аз зани сеюми Пётр мактуб гирифтам. Чунон суханњои хуб навиштааст, ки бе ихтиёр гиря кардам. Ва Витяро ба таътили зимистона ба хонаи ў фиристодам. Наѓз нигоњубин кард, боз ба ман се банка замбурўѓ фиристод, дар бораи рафтору гуфтори Витя њисоботи пурра навишта дод. Ман ба ту дурўѓ гуфтам, ки Витя дар лагери пионерї аст. Њозир њам вай дар назди падараш. Якмоња рафт. Дидї, чї хел наѓз. Њама мушкилотро одам барин њаллу фасл кардан мумкин. Агар хоњї…
Мард. Ин ќадар зани оќила бошї, барои чї Пётр туро партофта рафт?
Зан (бо алами куњнашуда). Охир ман нав доно шудам – баъди рафтани шўям. Барои хўроки пешин дар як рўз як рубл медодам, як тини зиёдатиро дареѓ медоштам. Акнун ќасам мехўрам, ваќте шў кунам, иљозат медињам, ки тамоми маошашро ба дасти худаш нигоњ дорад!.. Лёша, курткаатро ба китфам парто, њаво хунук шуд.    
Мард (курткаашро мењрубонона ба китфи зан мегузорад). Биё, равем, љонам…
Зан. Андак сабр. (Дастонашро ба остини курка медарорад). Боз чї орзу дорї?
Мард (механдад). Пойи луччак дар хонаи ту давутоз кардан мехоњам.
Зан (ба ќафои ў шаппотї зада). Мошин чї, намехоњї?
Мард. Бас, Вера. (Чанд ќадам дуртар меравад). Туро интизорам.
Зан. Хайр, бигў, мошин мехоњї?
Мард посух намедињад.
Зан (туфлиашро мепўшад, ба мард аз ќафо наздик мешавад, китфашро оѓўш мекунад). Љиддї мепурсам, девонаљон. Мехоњї?
Мард (руй турш карда). Хайр, фарз кардем, ки мехоњам…
Зан. Мошин мешавад! (Боз ба харак-курсї мешинонад).   
Мард. Бас, Вера, меравем.
Зан. Панљ даќиќаи дигар. Панљ даќиќаяк. (Мардро ба курсї мешинонад, худаш дар зонуњои ў љой мегирад). Мошин харидан мушкил не, Алёша. Агар маоши ту 400, даромади занат 200 бошад, 600 мешавад? Нисфаша посира кунї, дар ду сол пули мошин љамъ мешавад. Ваќте зан мегирї, орзуњоятро дар вараќча навишта, дар таги оинаи барќад гузор, ки њар рўз ба ёдаш ояд. Фањмидї? (Хам шуда, поёни пойи шими мардро аз пошнаи пой каме боло мекунад).      
Мард. Ту чї кор мекунї?
Зан (љўроби мардро мебинад). Аниќ, моли фабрикаи мо. Дар њамин љо харидї?
Мард сар мељунбонад.
Зан. Дафъаи дигар љўроб харї, тамѓаи нозири №9-ро гир. Ин ман. Фањмидї?
Мард (мехезад). Хез, нозири № 9. (Аз дасташ кашола мекунад).
Зан (мехезад). Меравему, вале имшаб ту ба хонаи ман намедарої.
Мард. Чаро? Девона шудї?
Зан. Не-не-не.
Мард. Барои чї охир?
Зан. Љазо ба ту барои … маро нашинохтанат.
Мард. Бас кун, Вера! Ба хобгоњ дер шуд! Инро мефањмї? Ба ту чї шуд? 
Зан (мањзунона). Нашинохтї, фаромўш кардї? Пас, аз ту чї умеди? Наход дар ёд доштани ман њамин ќадар мушкил бошад? Ба хонаи ягон «хотирмонак» рав.   
Мард (љаста мехезад, боз мешинад. Ба хубї). Вераљон, хайр, њамин хел шуду монд. (Аз дастонаш мегирад). Гумон мекунї, ба ман мефорад, ки туро нашинохтам? Охир он шаби мо хеле гуворо буд…   
Зан. Лозим не. Ба ман даст нарасон! (Дасташро мегирад). Суратро нишон додам, гумонам, ба ёдат меояд. Охир ин суратро ту дар девори хонаам дида будї. 
Мард. Эњ, Вера… Шояд ба сарам ягон чї шуда бошад…  махсус накардаам. Илтиљо мекунам, маро имшаб танњо нагузор, ба хонаат бар. Розиям дар рўи фарш хоб кунам… Мефањмї, Вера, он шаб… мо тасодуфан бо њам дучор шудему зуд ба тарафњои муќобил рафтем. Њоло вазъият тамоман дигар!   
Зан. Чї дигар? Чизаш дигар?
Мард. Имрўз ин вохўрии мо сарнавиштсоз аст. Имрўз љараёни наве дар њаёти мо сар шуд. Ин тасодуфи оддї нест. Он дафъа моро шайтон бо њам дучор кард, имрўз Худо. Љиддї мегўям. Бигў, барои чї имрўз ману ту боз дар њамин боѓ дучор шудем? Чаро? Барои он, ки ин мулоќот дар пешонии мо навишта шудааст. Ин ќисмати мо.   
Зан. Не. Ман ќариб њар шом ба инљо меоям. Мо барои он вохўрдем, ки ман ба наздат омадам. Њељ ба ёди ту намеомад, ки дар дунё Вера гуфтанї зане њаст. Охир, ту ба назди харак-курсии нишастаи ман омадї. Ба зани зарринмўй гап партофтї-ку? (Масхараомез). «Лутфан, бигўед: имшаб борон меборида бошад, ё намеборад»? Ман дар пањлўи вай менишастам. Ту њатто маро надидї, њамчун ба як љойи холї назар кардї. Вале ман туро шинохтаму, ана аз ќафоят рафтам. Ана «тасодуфи сарнавиштсози» гуфтаи ту чї хел аст.
Мард (оњанги суханрониаш дигар шуда). Вера, ту чї мехоњї? Ман равам?
Зан. Рафтан гир. Чї, як борак наметавонї њамту то хона гусел кунї?
Мард (бо ќањр). Ман марди баркамол! Ту аз ман кўдакбозї мехоњї: оњувоњ дар нури мањтоб, гусел, орзуњои дастнорас. Агар ба хонаат роњ надињї, ман меравам.   
Зан. Шин… Ман њозир меоям.
Мард. Чї?!
Зан. Ман бояд ба як љояк рафта оям.
Мард. Њм… Баъд чї мешавад?
Зан (хеста табассум мекунад). Баъд… њељ чиз. 
Мард (ба худ мекашад. Мебўсад, паст). Вера, шабро дар хонаи ту мегузаронем-а? Ња? Имшаб … ба хонаи ту мењмон мешавам-а? Ња?
Зан (худро халос мекунад). Ту чандрўза омадаї?
Мард. Семоња. Нав як њафтааш гузаштааст.
Зан. Баъд чї кор мекунї?
Мард. Ба кадом маънї?
Зан (бо ќатъият). Сафарњоро бас кардан лозим, Лёша. Як моњ њамроњи ман зиндагї мекунї, баъд дурўза аз њисоби худат ба Ќазон меравї, аз кор озод мешавї, аз ќайд мебароиву тамом… Дарвоќеъ, рафтан њам лозим не: аризаву шиносномаатро мефиристї, аз ќайд бароварда, бозпас равон мекунанд. Пулро сарфа мекунем. 
Мард (гаранг шуда). Хуб, хуб. Вале огоњ кардам, Вера, бо ман зистан мушкил.
Зан. Ана барои њамин, месанљем. Ту маро, ман туро. Ним моњ бе Витя зиндагї мекунем, баъд мебинем, ки секаса чї тавр мешавад.
Мард. Ту ѓами Витяљонро нахўр, аз худат андеша бикун.
Зан. Ту њам ѓами худатро хўр. Фањмидї? (Табассум мекунад, мебўсад).
Мард баробари ў хеста бўса мекунанд.   
Зан. Хайр, сар дењ. Ман зуд меоям. (Аз каллааш бўса зада, тозон меравад).

Мард танњо монда, тамоман њушёр мешавад. Ба соат нигариста оњ мекашад. Хавотиромез андеша карда, муаммодор табассум мекунад. Сигор мечокад. Атрофи харак-курсї ќадам мезанад. Нохост фаъол шуда, машќи дасту пой мекунад. Сигорро дар харак монда, бо дастонаш рост истодан мехоњад. Меафтад. Хеста худро меафшонад. Бо пушт ба харак дароз кашида, сигорро њалќа-њалќа пуф мекунад - намешавад. Ба оњанги суруди («На позицию девушка провожала бойца…») њуштак мекашад. Вера меояд. Табъаш хира шудааст. Сумкачаашро ба замин кашола карда, хаставу маъюс, бо табассуми талхи аљиб меояд, ќариб мегиряд. Ба харак наздик мешавад.  Мард љаста мехезад.

Мард. Аллакай омадї? Офарин, аскарњо барин. Боз чї зиќ шудї? Ба ёд овардї, ки туро фаромўш кардам? (Бо писханд). Хиштро биёрам? Хиштро куљо партофтї? (Ба атроф назар карда). Њо ана вай. Биёрам? (Механдад). Як латифа гўям? Як сайёњ ба Париж мераваду…
Зан  дар ѓусса, бетафовут аст.
Мард. Хайр, зиќиро мон, Вераљон. (Мисли опера мехонад). Тавба мекунам, Вера-а… Савганд мехўрам, ки њаёте дорам, шуморо фаромўш намекунам! (Механдад). Рафтем? (Аз дасташ мегиряд).
Зан дасти худро кашида људо мекунад. Дар харак-курсї мешинад.
Мард. Ба ту чї шуд, Вера? Ту метавонї фањмонї, ки боз чї гап шуд?
Зан курткаи велвети мардро кашида медињад.
Мард. Барои чї кашидї? Њаво хунук…
Зан. Дафъаи дигар њуљљатњоятро дар хона мон.
Мард. Чї!? (Курткаро мегирад).
Зан. Шиносномаи туро дидам…
Мард (бо ќањр). Ана гап дар куљо! (Аз кисаи куртка шиносномаро бароварда, боз ба љояш мегузорад). Кї ба ту иљозат дод?
Зан (ашкашро фурў бурда). Мебахшед, Фёдор Кузмич… падари ду писар… коргари автобаза… аз њељ куљо ба сафар наомада, ки… њароњи зављааш дар кўчаи Красноармейская зиндагї мекунад… (Ашкаш шашќатор мешавад).
Мард. Њама гапата гуфтї? Метавонам равам?
Зан. Њозир худам меравам…
Мард. Аблањ! Њамаашро вайрон кардї! Чаро кофтї? Медонї, ин чї маънї дорад? Ана њаминро дар зиндагии оилавї дўст намедорам… Санљиш… Назорат! Наметавонед кисаро наковед-а?! Хайр, чиро фањмидї!? Он, ки ман Лёша нею Федя њастам? Он, ки духтар нею писар дорам? Ин хеле муњим аст? Ња, ту боз фањмидї, ки ман зан дорам? Ин муњим. Ту шавњар кардан хостї ва ногањ фиреб хўрдї! Вале шояд фиреб набошад? Тасаввур карда метавонї?    
Зан (гиряомез). Мўњр чї?
Мард. Хайр, ба муњр чї шудааст? Мепурсам, хайр, муњр истодааст, баъд чї? Ту худат аз шўят нав људо шудї. Медонї, ки то маблаѓ насупорї, ваќт сарф накунї, муњр истодан мегирад. Нисфи умр муљаррад зиста, мувофиќи шиноснома оиладор мурдан мумкин. Аз занам људо шудам, вале пул доданро њайф шумурда, бо муњри куњна мегардам. Њамин тавр шуданаш мумкин? Варианти дигар – мехоњам барои кор ба хориља равам… Ба Африка! Ваќте њуљљатњоро барои хориља рафтан мебинанд, оиладор будан бењтар. Зудтар рухсат медињанд. Шояд ба ин хотир? Ба ман њаминаш ќулай. Боз сад вариант мисол оварда метавонам. Барои њамин бењуда даст задї – аздусар нафањмидї, ки асли гап чист?
Зан (њоло њам ашк мерезад). Асли гап чист?
Мард. Намегўям!.. Њисоб кун, ки оиладорам. Њамту сайр мекунам. Барои рухбозї. Ана њамин хел њисоб бикун.   
Зан. Чї, њамин хел нест?
Мард. Намегўям, кисаамро намекофтї, мегуфтам. Ният доштам, ки њамаашро имшаб… мебахшї, дар љогањ… ба ту мегўям… Акнун намегўям!
Зан. Ба ман фарќ надорад…
Мард. Оњ, агар фарќ намедошт! Олиљаноб мебуд! Вале ба ту фарќаш калон. Медонї, барои чї? Барои он, ки соддаї. Худат дар бораи худат дуруст гуфтї: зани соддаи ѓайримуќаррарї. Ту ана њамин хел њастї. Њамааш маълум: офтобро бо доман пўшида намешавад … агар одамон мулоќот кардан гиранд. Вале мулоќотро бас кунанд, ном чї ањамият дорад? Мисол, ман њамеша дар мулоќоти аввал номама намегўям. Њамин хел одат дорам. Њаёт ба ин маљбур кард. Барои њамин аввал худамро Юра гуфтам. Имрўз њам номи дигар гуфтам. Охир дар лањзањои аввал намедонистам, ки туро медонам.
Зан. Ваќте номатро Алёша гуфтї, аллакай маро шинохтї. Боз кадом як духтаратро фикр карда баровардї.
Мард. Хайр чї? Ман намедонистам, ки муносибати ояндаамон чї тавр сурат мегирад. Охир ту маро буѓї кардан мехостї. Ќариб ба милисахона мебурдї. Бояд тамоми њаётамро гуфта, омурзиш пурсам? Ба чї хотир? Барои он, ки ту кисаи маро наковї? Хайр, кофтї. Баъд чї? Донистиву аз ман рафтї? Нарафтї-ку! Нишастиву гиря мекунї!   
Зан бо ќатъият аз љой мехезад.
Мард. Шин, сўзоки љон. Ором шав. (Ба љояш мешинонад). Њозир њамаашро мегўям. Дар њамин шањр зиндагї мекунам, ду писар дорам. Калониаш соли гузашта зан гирифт, алоњида зиндагї мекунад. Се сол пеш аз занам људо шудам. Яъне дар масъалаи асосї фиребат надодам. Занам муаллимаи адабиёт, хатмкунандаи донишкадаи Ленинград ба номи Гертсен! Як умр аз ман норизо, ки… ман одами нотарошида, китоб кам мехонам, бо одамњо одамвор гап зада наметавонам… Вай доираи њамсуњбатњои худро дошт… Шояд хиёнат њам мекард, вале сари љиноят надоштаам, намедонам. Аз он, нафрат дошт, ки касбам таъминотчї аст… њарчанд аз имкониятњои ман наѓзакак истифода мебурд – мошин доимо дар хизматаш, њама чизњои камёб фаровон буд… Бачањоро аз таъсири ман дур мекард… Дар кўдакиашон мегуфт, ки ман буќќаи бешохам. Баъд људо шудем. Вале њозир дар як манзил зиндагї мекунем. Зеро ки хонаро њељ иваз карда наметавонад.   
Зан. Ба ягон гапат бовар намекунам!
Мард. Ту аз муњр хавотирї? Ње, ќоѓазбоз. Вай дар шиносномааш аллакай муњр гузошт. Ба вай даркор буд. – Соли гузашта шавњар кардан мехост. Ба ман даркор не, ман зан гирифтанї набудам. Ана пагоњ бурда навад сўм мегузаронаму ба ман њам дар њама љо, хоњї, дар пешониам муњр мезананд, то ки бевачањо фањманд, ки ман му-љар-ра-дам. Талошак кунед!
Зан. Бовар намекунам!
Мард. Ин кори шахсии ту. Чї ќадар хоњї, нобоварї кардан гир, вале кисаковї – љиноят аст. Хоњї фиреб нахўрї, дар боѓ нагард, бо ягон кас шинос нашав, дар хона шин. Ана он ваќт хатари фиребхўрї эмин мемонї. (Нохост). Ручкаатро дењ.
Зан посух намедињад.
Мард. Ручка дорї?
Зан аз сумкачааш ручка бароварда медињад.
Мард (аз замин газетаи афтодаро гирифта, як кунљашро дарронда мегирад. Дар порчаи газета чизе менависад. Ќоѓазпора ва ручкаро ба зан медињад). Гир. 
Зан нобоварона ва ќавоќи гирифта менигарад. 
Мард. Ин телефони хонаи ман. Номи вай Антонина Петровна. (Ба соат менигарад). Њозир бояд дар хона бошад. Занг зан. Ана телефон-автомат.
Зан. Барои чї?
Мард. Занг зану гўй, ки ман бо Фёдор Кузмич шинос шудам, вале дар шиносномааш муњри издивољи шумо њаст. Маро бубахшед, вале мехостам донам, ки асли њол чї хел? Ва ў ба ту њамаашро мегўяд… Гир…
Зан танњо ручкаро мегирад.
Мард. Раќами телефонро њам гир.
Зан. Ман занг намезанам.
Мард. Чаро?
Зан. Барои он, ки ба ту бовар намекунам.
Мард. Ба зани пешинаи ман бовар бикун. Ё гумон мекунї, ки пеш аз омадан ба боѓ ман бо ягон зан маслињат кардам, ки дар суњбати телефонї наќши зани собиќи маро бозад? Махсус барои он, ки туро фиреб дињам?
Зан. Он шаб барои чї саросема будї? Дар бораи сафари хидмативу парвози самолёт дурўѓ гуфта будї-ку… Саросема куљо рафтї? 
Мард. Он ваќт?
Зан. Ња, он ваќт, як сол пеш.
Мард. Ба хона шитофтам. Писари хурдиам бемор шуд, таб дошт… Занам метарсид, ки духтури ёрии таъљилиро даъват кунад, дар беморхона мехобонанд. Барои њамин бояд ман дар хона мебудам. Ваќте ба хона омадам, худро ба гарданам партофта, гиря кард, итимос намуд, ки аз нав зиндагї кунем. То ин ваќт як хушдор пайдо карда буд, издивољ кардан мехостанд, лекин муносибаташон барњам хўрдааст. Давраи вазнинро аз сар мегузаронд. Ќарор надошт… Ман њамаашро мегўям – он шаб ман ризо шудам, ки аз нав зиндагї кунем. Мебахшї, росташа мегўям: аз назди ту омадаму ба љогањи зани собиќам даромадам, ба оне, ки ду сол боз даст нарасонда будам. Ин кори оддї не. Худат медонї, ки танњої чї тавр мушкил. Худат то њол «Петяи ман» гуфта, ёд мекунї. Њарчанд ки вай кайњо боз аз они ту нест. Лекин њељ дигаргунї байни мо нашуд. Пас аз се рўз боз љанљол, хархаша ва њама муносибатњо тамом шуд. Барои њамин, метавонї натарсида занг занї. Њатто агар донад, ки ту соњиби манзил њастї ва ман метавонам ба хонаи ту кўчам, ёрї њам медињад, дугонањои наѓз мешавед. (Коѓазро медињад). Гир.
Зан (намегирад). Духтаракро барои чї бофта баровардї? 
Мард. Хайр, бофтам-да. Тахайюли ман бой. Кай гуфтам? - Дар аввали суњбат. Хайр, баъд давом додам. (Механдад). Маро фањм, Вера, мо ду одами калон, њар кадом њаёти худро дорем ва нохост дучор шудем. Дар ин њолат њама чиз равону њамвор намешавад. Ту њам гуфтї, ки Витя дар лагери пионерї, њол он, ки дар назди падараш будааст. Чаро дурўѓ гуфтї? Фањмонда наметавонї. Њамин хел шуду монд. Якљоя зиндагї кунем, боз бисёр сирњо кушода мешаванд, ки дар бораашон ягон гап намезадї. Ќонуни зиндагї њамин. Ман аз як тараф камгапам, аз љониби дигар, тахайюлам васеъ, таърифро дўст медорам, майнањоро гиљ мекунам. Охир, ман таъминотчиям! Барои касби мо чї муњим? Каме дурўѓ гуфтан, гап бофтан, чизи фаромўшнашавандаро аз ёд барвардан, ба ёд овардани чизи фаромўшшуда! Ба ягон гирдоб меафтию гумон мекунї, ки бохтї. Вале майнаро кор мефармої, алов мемонї, гап метарошї ва мебинї, ки роњи халосї ёфт шуд, боз сари зин баромадї. Вале як хубї њам дорам: дилам кушод. - Њамин курткаамро мехоњї? Гир, туњфа мекунам. Шимми љинсамро њам медињам, тани калтаэзор хона меравам. Дар њаётам чї корњо шуда буд… Ба ту намегўям. Мо кўдак нестем, чанд ваќт боз шиносем? – чор соат порсол, (ба соат менигарад) ду соат имрўз. Љамъулљамъ 6 соат. Ана тамоми њаёти якљояи мо. Дар пеш чї  њаст, худо медонад. Инро барои он  ба ту мегўям, ки мехоњї њаќиќатро донї. Барои њаќиќат њатто ба кисаам даст задї. Дарвоќеъ, кай фањмидї, ки дар кисаи ман шиноснома њаст? Пеш аз рафтан медонистї?
Зан (пас аз андеша). Ња… 
Мард. Чї ња?
Зан. Медонистам…
Мард. Ту ба њољатхона рафтї?
Зан. Не…
Мард. Яъне, ту махсус ба ин бањона шиносномаро дидї?
Зан. Ња… (боз чашмонаш тар мешаванд). 
Мард. Дидї, чї хел? Рафтори нозеб кардї. Метавонистї гўї, ки дар ин љо шиносномаи ту њаст, нишон дењ, Федя.
Зан (бо хандаи ашколуд). Ту он ваќт Лёша будї…
Мард (њам пиќќї карда механдад). Эњ… 
Зан. Э, мебахшї, он лањза ту Коля будї. Медонї, кай шиноснома доштанатро фањмидам? Ваќте маро ба синаат зер карда, фиѓон мезадї, ки метавонї ба девонахона афтї. (Аз ханда меларзад). 
Мард (Љиддї). Пас, ту махсус гуфтї, ки курткаамро дињам? Барои он, ки равию шиносномаи маро бинї? Барои њамин? Аз ту мепурсам – барои њамин?
Зан хандаашро ќатъ мекунад. Љиддї ва мањзун мешавад.
Мард. Ќоил. Мусичаи бегуноњ, соддаяк, фиребхўрда! Вале шиносномаро эњсос кард! Њисии шиноснома-шиносиаш дар ављи олї. Ин њиссёти навро ба ќайд гирифтан даркор. Ту њозир бўса мекардї, вале хаёлат бо он банд буд, ки њозир меравию шиносномаро мекушої. Ана, ту чї хел.
Зан. Ман меравам.
Мард вокуниш нишон намедињад.
Зан (дар як љой по мекўбад). Агар ба ту мушкил набошад, то баромадгоњ гусел мекардї. Торик шуд, метарсам… 
Мард хомўш мемонад.
Зан. Набошад, хайр… то дидана… Чї њатто то дидана гуфта наметавонї? Ман чї кардам, ки дили нозукат озор гирифт? Ба њамааш худам ќоил шудам-ку. Ба ту фиреб мумкин, ба ман не?   
Мард (мехезад, бо табассум наздик мешавад, оѓўш мекунад). Ќабул! Баробар шудем: ман туро фиреб додам, ту маро. Оштї! (Бо табассум). Акнун рафтем. (Аз дасташ мегирад).
Зан (аз љой намељунбад). Чї, дар се соли људої ягон зани мувофиќ наёфтї?   
Мард. Чаро наёфтам? Дар ин кор барор дорам. Бо яктааш ним сол зиндагї кардам. Ба хонааш кўчидам, пули наѓз медодам… Ба њам бовар мекардем… Нохост, тасодуфан фањмидам, ки … дар бонки амонатгузорї дафтарча кушода, пулњоро љамъ кардааст. Тасаввур мекунї? Набошад, содиќ, мењрубон, хизматгор… «Ман ба ту кї»? – гуфтам - иљорашинам? Якта задам, панљ метр парид. Рафтам! (Метаркад).   Муфтхўрро бад мебинам. Медонї чї касби мушкил аст таъминотчигї – љонама мегирад. Њељ чиз нест, вале аз куљое хоњї, ёфта биёр мегўянд. Чї њилањо мекунї. Мебахшї, њатто бо ягон аљузкампир хобидан лозим меояд, ки ба коѓазат имзо кунанд. Безор шудам, Вераљон, монда шудам аз ин кор, аз чунин зиндагї. Ба наздикї чилу панљсола мешаваму ягон сарпаноњ надорам. Бо ивазкунии хона занам машѓул, вале њељ интихоб карда наметавонад, гоњ инаш маъќул не, гоњ дигараш. Ба ў гуфтам, ки ба ман фарќ надорад, ба њама вариантњо розиям. Ба њамааш! (Сигор мечокад). Сигор мехоњї?       
Зан. Ман намекашам. Ба номаш дуд медињам… (Каме хомўш). Федя, шояд хонаро иваз кардан лозим набошад? Ба онњо дењ. Чанд њуљра дорад?
Мард. Дута.
Зан. Кирои гап не. Онњо ду нафар. Муомилаи мо дуруст шавад, метавонам хонаи якњуљрагиамро дар беруни шањр бо дуњуљрагї иваз кунам. Дар он љо хешони ман њастанд. Худам њам аз он љо. Доим хоњиш мекунанд, ки наздашон равам. Он ќадар дур не. Аз ин љо чил даќиќа роњ. Он љо чї хел наѓз: љангал, дарёча, кўл. Соњиби хонаи дуњуљрагї мешавем – олиљаноб! Яктааш барои Витяљон, яктааш барои мо. Дар он љо ба ман осон. Хоњарам ёрї медињад. Шавњараш марди хуб, милитсионер шуда кор мекунад. Дар он љо асабњоят ором мешавад, мисли шањр не. 
Мард. Намедонам, Вера. Гуфтагиат бад не, албатта. Лекин санљидан даркор, ки муносибати мо чї хел мешавад?
Зан. Наѓз мешавад… ман бовар кардам, ки њамааш хуб мешавад. Мехоњї, назди хешони мо равем? Биё. Имрўз љумъа, ду рўзи истироњат дар пеш. Метавонем шоми якшанбе, ё субњи душанбе оем. Соати чанд бояд дар љои корат шавї?
Мард. Соати 9.
Зан. Ман соати 8. Барваќттар мебароем. Ба истгоњ пиёда меравем. Роњ чунон хубу гуворо… аз љангал мегузарад. Меравем?
Мард ба маънии номуайян китф дарњам мекашад.
Зан. Хавотир нашав, дар он љо аз ту ягон чиз намепурсанд, худатро ноќулай њис намекунї. Хоњарам се њуљра дорад, яктааш аз мо мешавад. Ё дар пешайвон … пешайвонаш калон, тобистон хобидан роњат аст. Сањар нурњои офтоб бедор мекунад. Меравем, хуб? Дар шањр ягон кори таъљилї надорї? 
Мард. Ба фикрам, не… Аммо…
Зан. Меравем, меравем. Тамом вассалом! (Мебўсад). Бењтараш, хона месозем! Соњиби хона будан мехоњї? Ин мушкилї надорад. Љойи наѓзро интихоб мекунем, хешон ёрї медињанд… Худат таъминотчї … ташкили мошин, маводи сохтмон ба ту осон. 2 њазор пасандоз дорам. Барои аввали кор мерасад. Хона мехоњї? 
Мард. Бад намебуд. Хона – хона аст, вай квартираи танг не.
Зан (бо шодї). Хуб… аввал якњуљрагиамонро ба дуњуљрагї иваз мекунем, баъд  сохтмонро сар мекунем. Оњиста-оњиста хонаро мебардорем. Писарони ту њар ваќте хоњанд, омада метавонанд. Ба наздикї наберадор њам мешавї. Нишонааш њаст? 
Мард. Ба фикрам, њоло не.
Зан. Ин фикри наѓз, Федя. Хонаро ба онњо супор. Занат њам розї мешавад. Кори савоб њам њаст. Ба њар њол, чандин сол зиндагї кардед. Ягон бист сол шуд?
Мард сар мељунбонад.
Зан. Пас, хафа кардан чї лозим? Ман шодам, ки пагоњ меравем, Федяљон. Мебинї, ки чї хел хоњари хуб дорам, язнаам хуб, модарам чї хел одами наѓз! Акаи калониам, росташ, менўшад, лекин безарар, ба табъаш вобаста. (Таваќќуф). Федя, ту дар њаќиќат аќида дорї, ки вохўрии имрўзаамон сарнавиштсоз аст? Ба ин бовар дорї? Ё дар омади гап гуфтї? 
Мард. Рафтем. Бовар дорам.
Зан. Ту росташа гўй. Бовар дорї?
Мард. Рост. Рафтем. (Чанд ќадам мераванд).
Зан меистад.
Мард. Боз чї шуд?
Зан (мањзунона). Федя, хафа нашаву…
Мард. Уф, чї?
Зан. Занг задан мехоњам.
Мард. Ба кї?
Зан. Ба зани ту.
Мард. Фањмо!
Зан. Агар зид бошї, занг намезанам.
Мард. Аз барои савоб, занг зан. Гап зан.
Зан. Чаро дод мезанї?
Мард. Барои он, ки ним соат пештар метавонистї занг зада пурсї.
Зан. Ту чаро саросемаї?
Мард. Ман саросема нестам. Фаќат ваќт рафт. Бин, соат чанд. Хайр, дав, занг зан. Ман туро њамин љо мунтазир мешавам. Ё њамроњат равам?
Зан. Федя, ќасам мехўрам, ки як бор занг мезанаму баъд тамом, дар њаётам дигар туро намесанљам, назорат намекунам, чиликамро њам ба кисаат намеандозам. Ягон рафтори нофорам намекунам. Фаќат як бор… барои дилпурї…
Мард. Фањмо, фањмо. Рав, занг зан.
Зан. Маро бибўс.
Мард ўро мебусад. Зан њам ўро мебусад.
Зан. Вай бо ман љанљол намекунад?
Мард. Не… Агар ягон бало назада бошад, бояд ором гуфтугў кунад…
Зан. Писарат дар хона?
Мард.  Дар назди бобои модариаш, дар Тула.  Њамроњат равам?
Зан (сар мељунбонад). Бе ин њам шарм медорам. Ман зуд меоям.
Меравад. 

Мард. Вера, раќами телефона нагирифтї-ку?
Зан. Дар ёдам њаст.
Мард. Чї хел? Ќоѓазро ба даст њам нагирифтї –ку?
Зан. Дидаму дар ёд гирифтам. 34-23-17. Антонина Петровна. Хотираам ќавї. 
Мард (самимона ба њайрат омада). Офарин. Ту бояд љосус шуда кор кунї.
Зан. Ња-а! Ту бошї, содда, аблањ мегўї. Акнун фањмидї? Боз як бор бибўс.

Мард наздаш омада, оѓўш мекунад. Рост истода мебўсанд. Зан моњивор аз оѓўши ў људо шуда, аз калии сараш мебўсад ва меравад. Мард танњо мемонад. Ба соат менигарад. Сигор мечокад. Аз кам мондани сигор дар ќуттї афсўс мехўрад. Љониби рафтаи Вера ќадам мезанад, бармегардад. Боз ба соат менигарад, оњ мекашад. Ба харак мешинад. Пойњояшро ба пеш, пушташро ба пуштмонак мегузорад, сигор мечокаду ба њавои суруди «Скакал казак че¬рез долину, через маньчжурские поля...» њуштак мекашад.
Нохост Вера пайдо мешавад, вале на аз самти рафтааш. Шояд роњро миёнбур карда, аз байни алафзор омадааст. Зуд ќадам мезанад, асабонї, чењрааш нафратхон аст. Фёдор ба истиќболи вай ќадам мезанад. Хавотир мешавад. 

Мард. Чї шуд? боз ягон бало зад? 
Зан (ѓазабашро дошта). Шин. 
Мард. Чаро?
Зан. Шин!
Мард менишинад.
Зан. Хез!
Мард. Ба ту чї шуд, Вера?
Зан (дод мезанад). Хез!
Мард мехезад.
Зан. Телефони киро ба ман додї?
Мард. Чї шуд охир? Ба дигар љо афтидї?
Зан посух намедињад, бо нафрат менигарад.
Мард. Ту занг задї, суњбат кардї?
Зан. Алоќа нашуд.
Мард. Ягон кас нагирифт? Пас, њоло наомадааст. Ман чї гуноњ дорам? Вай зани озод – кай ки хоњад, меояд. Гоњо тамоман намеояд. Ту чї, барои њамин асабонї шудї? Боз девона нашавї? Ба фикрат, раќами телефонро барои он додам, ки дар хона набуданашро медонистам? Аз телефони дигар занг мезанї. Аз назди хонаи худат. Бењтараш, пагоњ. Рафтем, бас аст асабонї кардан марову худатро њам. Рафтем! (Аз дасташ гирифта кашола мекунад).   
Зан дасташро кашида мегирад, намеравад.
Мард. Вера, бас аст!
Зан. Ман дар тамос шудам.
Мард. Чї-ї?
Зан. Ман гап задам! (Ба рўяш мезанад).
Мард. Чињо мегўї?
Зан. Ту ба ман раќами директори автобазаро додї!
Мард (рангаш канда). Чї-ї?!
Зан. Гумон кардї, ки њозир дар он љо њељ кас нест. Барои њамин раќами директори автобазаро додї? Вераи гўли содда, то аз пой афтодана занг зан, гуфтї-а? њељ кас нест гуфтї-а? Гумон кардї, ки њељ касро намеёбам-а? (Бо сумка ба сараш мезанад). Вале ёфтам! Дар он љо як санаро љашн мегирифтаанд. Санаи муњим будааст! (Бо сумкааш мезанад). Санаи муњим! Санаи муњим!    
Мард. Бас кун, девонагиро. Шояд ман раќами телефонро хато кардам.
Зан. Хато кардї? Дигарашро те, ман рафта, занг мезанам. Раќами телефонат чанд аст?  Хайр, бигў, чанд аст? Чанд?
Мард. Медонї Вера, ба дилам зад. Хуш бошї.
Зан (аз курткааш медорад). Не! Ист? Раќами телефонатро гўй!
Мард. Намегўям.
Зан. Ба ман аллакай гуфтанд. Њамаашро гуфтанд. Аз занат њам људо нашудаї ва њељ гуна сардори бахши таъминот нестї. Шоферак њастї. Тамѓаи автобусат чї? -«МАЗ»? (Бо сумкааш ба сари мард мезанад. Мард бо даст сарашро муњофизат мекунад). «ЛАЗ»? (мезанад). «УАЗ»? (Мезанад.) «КрАЗ»? Шумо шоферњоро наѓз медонам. Пула мегиреду чипта намедињед. Барои њамин дар як моњ 400 мегирї. Ба наздикї њамроњи занат хонаи кооперативї харидї? Хонадароён муборак! (Мезанад). Муборак! 
Мард (ўро тела дода). Кўфтан бас. Аз худ нарав. 
Зан (боз аз курткааш медорад). Ба ман њамаашро гуфтанд. Директори автобаза чаќ-чаќї будааст. Маро њам даъват кард. Ба «санаи муњим». Пурсид, ки чандсолаам. Хост бароям мошин фиристад. Љавонакњо даркор будаанд, ња? (Мезанад). Ња, калламушњои мошинсавор! (Мезанад). Ман њозир туро аз занат људо мекунам, аз њаёти палидонаат људо мекунам! Абадї! (Барои гирифтани хишт хам мешавад).   
Мард. Гум шав! (Занро тела медињад. Зан  меафтад)
Зан (боз медорад). Ту њамин тавр оддияк намеравї. Њамту намеравї, палид.
Мард.  Фиреб додам,  сирри маро фош кардї. Тамом. Боз чї лозим? Сар те! 
Зан (нафасгардон шуда). Не!
Мард. Маро чї медорї? Аз маро доштан ягон чї мегирї?
Зан. Не!
Мард. Чї «не»? (Писханд мезанад). Мехоњї ба хонаи ту равем? Хайр, Рафтем.
Зан бо зонуяш ба байни пойњои мард мезанад.
Мард (аз дард тоб хўрда). Ба куљо мезанї, њайвон?! (Тела дода, дур мекунад). 
Зан (боз ба вай мечаспад). Ба милитсия меравї!
Мард. Чї? (Механдад). Хайр, чї мегўї? Ман худамро муљаррад гуфтаму лекин зан доштаам? Милитсия бо ин корњо машѓул намешавад. Њар шом дар љањон дањњо њазор мард дањњо њазор занро фиреб медињанд. Ќонуни њаёт њамин... Дастата гир!
Зан. Не!
Мард. Уф, ту чї мехоњї, бало занад?! Ту њушёрї кардї, сари ваќт маълум кардї, ки ман аблањ, разил, вањшї. Офарин. Ќандата зан! Метавонї аз худат ифтихор кунї! Ба сарам кўфтї, ќасос гирифтї… боз кам? Боќимондааш дар он дунё: маро назди худованд мебарию мегўї, ки ана њамин маро фиреб дод. Љазо дињед. Ва маро ба оташи дўзах мепартоянд. Ту тамошо мекунї, ки чї тавр ман бирён мешавам… ва хурсанд мешавї! Барои њамин андак сабр кун, дар он дунё ќасос мегирї…   
Зан ўро сар медињад.
Мард. Метавонам то баромадгоњ њамроњї кунам, агар аз торикї тарсї.
Зан. Лозим не.
Мард. Набошад, тавре мегўянд - худо њофиз. (Меравад). 
Зан (аз ќафояш бо овози баланд). Пагоњ пеши занат меравам! Њамаашро мегўям! Дили маро шикастї? Дилшиканиро нишон медињам! Суроѓаат дар ёдам: Красноармейская, њафт, квартираи бисту як! 

Мард меистад. Тоб мехўрад. Намудаш хашмгин. Ба зан наздик мешавад.
Зан ќафонокї меравад. Ба харак-курсї расида ба он нишаста мемонад. Ѓунча мешавад, вале нигоњаш пурхашм, омода аст љавоби озорро дињад.

Мард (бо тањдид). Суроѓаро аз куљо фањмидї? Мепурсам, ки аз куљо гирифтї!?
Зан (бо тарс, вале густохона). Як бор дар шиносномаат дидам, як умр дар хотирам монд, фањмидї!? Дар ин љо меистад (Ба пешониаш ишора мекунад). Аз инљо канда гирифта наметавонї.   
Мард. Гўш кун, шиноснома-шиноси боѓї! Калхоти юбкапўш! Ман марди оддї, чї хеле худат гуфтї - шофирак. Метавонам дар ягон гўшаи торик… туро нохост бо мошинам зер карда гузарам. Ана чї хел будаї. Пеши зани ман мерафтааст!   
Зан. Меравам, гуфтам, меравам. Аќаллан ба як калламуш сабаќ мешавад.   
Мард. Ту ба ин чї њаќ дорї? Ман ба ту чї мешавам? Додарат, хешат, љўраат? Туро на мешиносам, на  шинохтан мехоњам! Мо тамоман бегона, инро фањмида метавонї? Зиндагии ту дигар, зиндагии ман дигар. Ман гунањгор нестам, ки ту шўй мековию ёфта наметавонї. Мисли дузд кисаи маро кофта, суроѓаамро дидааст! Акнун ба занам мегуфтааст! 
Зан. Барои он, ки дигар дурўѓ нагўї. Инљо маро фиреб медињї, онљо занатро.
Мард. Кори ту чї? Худат чаро ба боѓ омадї? Ёфтї он чиро, ки мељустї!? Касе нахоњад, ки ўро фиреб дињанд, њељ кас фиреб намедињад. Худат дидї: - Ман ба чанд кас гап додам… Диданд, ки намешавам, рўи хуш надоданд. Тамом, гап нест. Ту худат часпидї, дилата кушодї. Ман-ку, туро нашинохтам… њатто пас аз он, ки бо ту њамхоба шудам. Зани дигар баъди ин худашаро ба дор мекашид. Ту бошї, аламатро фурў бурдию аз нав сар кардї. Фиреби дуюмро дидию боз давом додї. Ман чї, гуноњамро аз ту харам? Чї хел аз ту халос шавам? Чанд пул дињам, ки дамата гирї!?
Зан (ашк гулўгираш мекунад). Ту чї, ин ќадар тарсидї? 
Мард. Албатта, метарсам.
Зан. Аз занат метарсї?
Мард. Наметарсам, зана њурмат мекунам. Тасаввур мекунї: одам бо кори њаррўзаи худ банд, аз ягон чиз хабар надорад. Нохост ту меої. Нозири № 9!.. Э, ту дар фабрикаи худат санљиш гузарон, ки љуробњо сўрох набошанд. Вале ману зани маро ба њоламон гузор. Гумон мекунї, ки ба занам гуфтию вай маро аз хона меронад? Ва ту маро дошта мегирї? Дар назди хешонат хона месозем? Туро фиреб доданд – барои њаёти минбаъдаат хулоса барор. Тамоман гузарондї!   
Зан мегиряд. 
Мард. Ту оби шўракатро ин ќадар нарез. Худат ќоќак, вале ашкат се халта! Таъкид мекунам: агар занам аз ягон чиз хабар ёбад, ту тамом! Ман марди рањмдил, аммо инро бахшида наметавонам! Фањмидї, чї гуфтам? (Китфашро меларзонад).
Зан. Фањмидам. Аз барои худо, бирав. Натарс.
Мард. Ман намедонам, ки пагоњ ба сари камаќли ту чї фикр меояд. Ягон каси дигар фиреб медињаду аз ман ќасос мегирї. Ман намехоњам аз барои хотираи мустањками ту љабр кашам. Боз ба ягон љо мактуби шикоятї нанависї? Ќасам хўр.
Зан (ашкашро фурў бурда). Ќасам мехўрам.
Мард. Ана њамин хел. Хоњї, аз боѓ мебарорам. Агар тарсї…
Зан. Лозим не.
Мард. Лозим набошад, лозим не. Ман рафтам. Ќасамро фаромўш накардї?!
Зан. Не. Хайр, буѓї карда куш, баъд тамоман дилпур мешавї.
Мард. Хайр, шуд. Бо ту њељ ќисса намешавад. Пагоњ боз ба ин боѓ меоиву ишќ мељўї… Бори охир мепурсам, то баромадгоњ барорам?
Зан хомўшона ашк мерезад.
Мард. Хайр, набошад ман рафтам. Алвидоъ.
(Меравад).

Зан  танњо мемонад. Касе нест. Мегиряд. Рўяшро бо даст пўшида, паси харак-курсї мегузарад, рўи алаф рў ба замин дароз мекашад. Китфњояш меларзанд.
Мард нохост аз паси буттањо пайдо мешавад. Дар изтироб аст. Вераро дар харак наёфта, ба атроф назар мекунад. Ўро дида, наздаш меравад, ба зону мешинад.   

Мард. Вера… (Оњиста ба китфаш даст мерасонад). Вера…
Зан (як ќад парида, сар мебардорад. Ва нохост бо навња худро ба ў мепартояд, бо дастонаш мепечонад. Шодї мекунад, мегиряд). Федя…  Федяљон… (Мебўсад). Рањмат, ки баргаштї. Миннатдорам, ки омадї. Ман аз ин љо зинда намебаромадам…
Мард. Ором шав… ором…
Зан. Ман њамон хиштро љустам… хостам хиштро ба сумка андохта, ба гардан овезаму худро ба об партоям. Дарё дар наздикї. Љойи чуќурашро медонам…
Мард (нороњат шуда). Тамоман девона шудї? Витяро ба кї мемонї? 
Зан. Падараш тарбия мекунад. (Ашкашро тоза карда). Ту њис кардї, ки њоли ман бад шуд-а? Азизам, њозир… ба хонаи ман меравем… њамроњам менўшї… хуб? Ягон фикр накун… Пагоњ худам туро ба хонаат гусел мекунам. Њамаашро мефањмам… (Боз мегиряд). Маро њама фиреб медињанд, Федя… Имрўз як кас ваъда дода буд…  вале наомад… Танњої ба кас мушкил… Рафтем, азизам…
Мард. Меравам… фаќат ту ором шав. Гап дорам, Вера…
Зан. Имрўз туро сар намедињам…  Ту имрўз аз манї. Ба занат ягон бањона ёв…
Мард.  Як дамак сабр бикун. Ором шав… Мо бояд маслињат кунем…
Зан. Гап зан, љонакам… (Нохост). Ба чашмат сахт задам, Федя? Дард мекунад? (Чашмашро мебўсад). Маро бубахш, илтимос…
Мард. Хавотир нашав. Гўш дењ. Ман њамту барнагаштам. Вазъият љиддї.
Зан. Гўш мекунам, хеле бодиќќат гўш мекунам.
Мард. Ман њозир таксї мегираму ба хонаи ман меравем…
Зан. Нафањмидам.
Мард. Таксї мегираму њамроњ ба хонаи ман меравем.
Зан. Чї хел ба хонаи ту? Занат чї?
Мард. Ту дар мошин мешинї, ман ба хонаам даромада, баъзе чизњо, аз њама зарурро мегираму баъд ба хонаи ту меравем. Агар, албатта, зид набошї.
Зан (њайрон). Занат чї мешавад?
Мард. Ман аз ў меравам, бо ту зиндагї мекунам. Фаќат пешакї мегўям: ин маъно надорад, ки мо фавран зану шў мешавем. Њоло ваъдаи ќатъї намедињам. Зиндагї кунем, давомаша мебинем. Ба ту маъќул?
Зан. Занат чї мешавад?
Мард. Чї занам? – Талоќаша медињам. Ту бо ин шарт розї њастї?
Зан. Бо кадом шарт?
Мард. Он, ки њоло ягон ваъда намедињам. – Розиї, ё не?
Зан. Федя, барои чї якбора ба ин ќарор омадї?
Мард. Њашт сол боз зиндагї мекунем, њашт сол боз дар ин бора фикр мекунам.
Зан. Чї хел њашт сол? Писарат аллакай оиладор… Боз фиреб медињї?
Мард. Не. Вай аз зани аввалаам. Њашт сол пеш аз вай људо шуда будам. Онњо дар Ќазон. Ба як марди њарбї ба шавњар баромаду рафтанд. Писарам дар њамон љо зан гирифт. Инаш зани дуюмам… Писари мо нав ба синфи дуюм гузашт.
Зан. Чї хел зани дуюм?
Мард. Якумаш буд, људо шудем, њоло ин дуюмаш. Шояд ту сеюмаш шавї. Акнун фањмидї? (Табассум мекунад).
Зан. Ту чаро аз вай меравї? Федя, вай дар хона бошад, ман метарсам. 
Мард. Вай дар хона нест. Намедонам дар куљост. Аз кор омадам, ки хатча мондааст: «Ба назди дугонаам меравам. Дер меоям, ё субњ бармегардам».
Зан. Агар њозир омада бошад, чї? Ман намеравам, Федя. Гўй дар куљо интизор шавам. Фаќат дар назди хонаи ту не.
Мард (асабиёна, ќатъї). Меравї. Танњо бошам, дармемонам. Ман бояд халос шавам. Озод шавам, мефањмї? Худам танњо наметавонам. Њељ каси дигар надорам, танњоям. Дигар чунин зистан наметавонам! Хоњиш мекунам, њамроњам рав! Аз ту њељ чиз даркор не. Фаќат дар мошин нишаста интизор шав. Ман бояд халос шавам...
Зан. Аздусар, баъд туро кофта меёбад.
Мард. Вай маро дигар намељўяд.
Зан. Федя, ин кор ба ман мушкил. Ту ўро дўст намедорї?
Мард. Ў маро дўст намедорад. Ман њам дигар дўсташ намедорам. Њашт сол пеш мисли љавони наврас дилам барояш метапид. Ба маљлиси падару модарон рафтам. Писарам дар синфи ў мехонд… Одатан занам мерафт, ин дафъа ваќт надошт, ман рафтаму тамом… Баъди ду њафта барои талоќ ариза додаму ба хонаи вай рафтам. Ва аз рўзи аввал ба гирдоби бало афтодам. Пештар як хушдор доштааст.  Ман намедонистам. Баъди издивољи мо њам муносибаташон давом доштааст. Бе танаффус… Ваќте донистам, ки аллакай њомила буд. Намедонам, ки аз ман аст, ё аз ў. Баъди таваллуд маълум шуд, ки аз ман аст. Дар хонаи якњуљрагї зиндагї кардем, маошам кам, алимент медодам. Асабонї мешуд… Маљбур шудам шоферї  кунам... Хайрият, њуљљати ронандагї доштам. Ман донишкадаро хатм кардаам, иќтисодчї будам, дар як идораи хуб кор мекардам. Њамаашро партофтам. Ваќте писарам хурд буд, вазъият тоќатовар буд, бо хушдораш алоќаро канд. Вале ман фаромўш карда наметавонистам. Њарчанд то њол исбот карданї мешавад, ки байнашон њељ чиз набуд. (Бо алам). Медонам, ки буд, охир. Дар сумкачааш як мактуб ёфтам… аз дугонааш… ва њамааш маълум шуд. Хулоса, ба дом афтодам. Баъд боз бадтар шуд!   
Зан ба њар гапи ў, њар таѓйироти ќиёфаи ў ањамият медињад.
Мард (давом медињад). Соли гузашта њамроњи хонандањои синфаш ба Санкт - Петербург рафт. Ман хостам бо писарам њамроњї кунем, ризо нашуд. Бо вуљуди ин, ман рафтам… пинњонї. Зуд фањмидам – њамроњи як мард рафт. Баъд гуфт, ки падари як толабааш будааст… Гўё ёрї медодааст. Пас, чаро ман њамроњї карда наметавонистаам? Дарвоќеъ, њамон бегоњ мову ту вохўрда будем… Ман дар тарабхонаи вокзал нўшидаму ба боѓ омадам. Дар назди ту андак ором шудам. Барои он фирор кардам, ки ба телефони ў дер накунам. Дар хонаи пештараамон телефон доштем. Маслињат буд, ки соати 12 дар тамос мешавем. Дар суњбати телефонї љанљол бардоштам. Намедонам, дар кадом њолат буд: дар оѓўши вай мехобид, ё сари зонуяш менишаст, нафањмидам. Овозаш аз худаш набуд… Фаќат як чизро мефањмам – об, ки аз сар гузашт, чї як ваљаб, чї сад ваљаб? Ба тўйи зангирии писарам нарафтам, занакро танњо мондан нахостам. Аз шавњар ба муњофиз мубаддал гаштам. Дигар ин хел зиста наметавонам! Вале барои партофта рафтан ирода надорам. Вай маро љоду мекунад. Аниќ, аз ў зањре хориљ мешавад, ки аќл, њуш, ирода, ѓурури маро мекушад. Бо зани аввала, бо њама занњои дигар худамро шоњ тасаввур мекунам, вале ба ў ѓуломам. Ў маро пачаќ кард. Њамаашро гуфта наметавонам, шарм медорам. Як ваќт бемор шудам, медонї чї гуфт? «Федя, ба беморхона рав, ман бемордорї карда наметавонам. Ваќте бемор шавї, сахт инљиќї мекунї» - гуфт! Тасаввур мекунї! Њашт сол боз дилам аз дард нола мекунад! 
Зан. Вай хеле зебо аст?
Мард. Намедонам. Муќаррарї. Њамту, резапайкар. Вале на зебої, на безебиаш ба чашмам наменамояд. Фаќат эњсос мекунам, ки душмани ман аст. Вай маро нобуд кард! Вай маро ба чизњое омўхта кард, ки агар гўям, бовар намекунї. Тањќири доимї. Ягон хеш надорам, дўстонам дур шуданд, ба њељ кас занг намезанам, бо касе суњбат намекунам. Наметавонам бо одамон вохўрам. Њоло ман њам ба хона овардани дугона- бевањояшро манъ кардам. Яктааш аз шўяш баромадааст, аз дигараш шўяш  рафтааст. Доим ба ягон тараф кашола мекунанд. (Дод мезанад). Манъ кардам! Чунин зиндагї бошад, бигузор дар ин хона ягон кас, ягон љонзот набошад!
Зан. Ту ўро дўст медорї, Федя…
Мард. Дўсташ медоштам. Вай аз њамин – аз мењри ман сўиистифода мекард. Гумон доштам, ки тамом, дигар њељ ваќт наѓма намебарорад, фиреб намекунад, ба њар тараф намедавад, хиёнат намекунад. Умуман фаромўш кардам, ки ѓайри вай дар дунё дигар занњо њам њастанд… Акнун дигар намехоњам. Ба љонам расид! Имрўз нуќта мемонам. Аздусар, барваќт ё дер, ин бозї тамом мешавад. (Дод мезанад). Пас, бигузор њамин рўз тамом шавад! Ман аз ў озод шудан мехоњам! 
Зан. Ором шав, Федя!
Мард. Њашт сол худам худамро ором кардам. Ягон эњсоси дигар надорам. Њама дарду њама дарду њама дард.
Зан. Шояд ба назарат вай мегардад. Шояд ягон хушдор надошта бошад?
Мард. Дар дафтари телефонаш садњо раќам. Одамони ба ман ношинос. (Суст шуда). Намедонам. Шояд бошад, шояд не. Девона шудам. Шояд худам гунањгор, вале намедонам гуноњи ман чї? Гуноњам он аст, ки шўяш шудам. Вай дар њаќиќат чандон ризо набуд, ваќте ба њаёти ў мисли танк зада даромадам. Намедонам… Бад нест вай, ба шарте, ки дар як якљазираи беодам зиндагї кунем, фаќат ман бошаму вай. Шояд он ваќт тинљ мемондем. Рости гап, зани бад не, мумсик њам нест, дугонањояш мекашонанд, пулашро, чизњояро, содда нест, мењрубон… Шояд дигар хел рафтор кунам? Гираму ягон љойи дур равам. Њозир барои кор ба хориља рафтан мумкин. Сад бор ба худ гуфтам, ки љанљол намекунам, худамро ба даст мегирам, ањамият намедињам, хомўш меистам. Намешавад! Ана, њозир раваму дар хона бошад, додзаниро сар мекунам, зарфњоро мешиканам, њисобот мепурсам. Ба дили вай њам задааст, љанљолњои ман дигар таъсир намекунад. Њатто дар хонаи ягон кас шаб мемонад, ки додзании маро нашунавад. Намедонам чї кор кунам. Ваќте менўшам,  ба дилам сабуктар мешавад. Хайр њамааш дафъ шавад, мегўяму тамом. Лекин њар рўз мастї намешавад: ман дар сари чамбараки мошин, бисёр нўшам - дилам мезанад. (Нохост бо изтироб). Хафа нашав, Вера, аз дастам њељ чиз намеояд!
Зан. Аз чї хафа нашавам?
Мард. Мебахшї, илтимос, маро фањм. Майлат, ман њозир худам танњо ба хона меравам. Бояд бо ў гап занам. Пагоњ назди ту меоям. Хуб?
Зан. Ихтиёрат.
Мард. Рафтем. (Аз замин мехезад). Ман бояд пештар аз ў ба хона расам. Бинам, ки вай дар кадом њолат меояд. Мехохам ўро бинам. Њамту намеравам… Наметавонам њамту аз хона баромада равам. Вай интизор аст, ки ман ўро партофта равам. (Дод мезанад). Имшаб ё ўро мекушам, ё маљбур мекунам, ки бо шавњар мувофиќи таомул зиндагї кунад!
Зан (мехезад, туршрўёна). Хайр, рафтем.   

Њамроњ мераванд. Зан ба ў бо чашмони хушки мањзун менигарад, мард тафсида, дастонашро мушт карда равона мешавад, чашмонаш барќ мезананд. Дар бараш будани Вераро фаромўш мекунад.

Мард. Метавонам туро бо таксї то хонаат барам, агар хоњї. 
Зан. Лозим не.
Мард. Ба хонаат даромада наметавонам, Вера. Бисёр муњим аст, ки пештар аз ў ба хона дароям. Агар шаб наояд, он ваќт тамом… њатман ба назди ту меравам. Зудтар равем.
Бо суръат ќадам мезанад, ќадаммонии зан сусттар мешавад.
Зан аз ў ќафо мемонад. Меистад. Дар харак-курсии наздиктарин мешинад. 
Мард. Вера чаро нишастї? Хез, биё, Вера! 
Зан аз љой намехезад.
Мард (чанд ќадам ќафо меравад). Вера, биё. Ман туро интизорам. Медонї, ки чї ќадар шитоб дорам. 
Зан хеста љониби ў меравад. 
Мард. Зудтар! (Интизор мешавад, ки зан ба ў баробар шавад). Фаќат, илтимос, Вераљон, њарчанд бароят муњим бошад, њарчанд хоњиши сахт дошта бошї њам, дар ягон њолат, на дар хона, на дар љои кор фикри љустани маро накун. Маро мешунавї?
Зан. Мешунавам.
Мард. Ман худам туро пайдо мекунам, агар даркор шавад.   
Аз боѓ ба майдончаи гирд мебароянд. Аз ин љо роњи трамвай мегузарад, дуртар истгоњи таксї. Мошинњо интизори мусофирон. 
Мард (саросема). Хайр, чї кор кунем? Бо мошин барам? 
Зан. Лозим не. Бо трамвай меравам.
Мард. Набошад, ман рафтам. (Аз рўяш мебўсад).
Зан. Ист. (Сумкачаашро мековад).
Мард. Чї шуд. Шитоб дорам, Вера.
Зан. Гир. (Калид медињад). Калиди хонаи ман. Кўчаи Пирогов, хонаи чорум, квартираи чорум, ошёнаи якум. Витяро огоњ мекунам, ки ту калид дорї.
Мард (дар њайрат). Барои чї? Ба ман даркор не, Вера.
Зан. Ба ту даркор.
Мард. Фикр дорї, ки ман аллакай аз занам људо мешавам?
Зан. Ман ягон фикр надорам. Фаќат дон: хонае њаст, ки ваќти зарурат метавонї биёї. Шояд чунин зарурат нашавад, вале дар кисаат калиди хона бошад, дилпур мешавї. Ту марди хубї, фаќат ба худат дилпур нестї. Одами ба худ бовар надоштаро њељ кас дўст намедорад. Маро њам Пётр барои њамин партофт. (Калидро ба кисаи мард меандозад). Шояд ягон ваќт ту њам ба ман ёрї мерасонї. Кї медонад?   
Мард (њайрону шармгин, калидро аз киса мебарорад). Вера, инро ман гирифта наметавонам. Намехоњам туро баста кунам. Шояд бо ягон каси дигар рост мегирї, коратон хуб мешавад ва нохост ман даромада меоям… 
Зан. Хавотир нашав. Агар бо ягон кас рост гирам, ќулфро иваз мекунам. Фањмидї? (Калидро аз дасташ гирифта, боз ба кисаи ў меандозад). Дар паноњи худо.
Мард мушаввашхотир, сар поин мекунад.
Зан. Раву ягон девонагї накун.

Мард мисли масхарабоз таъзим мекунад, тоб хўрда, ба истгоњи таксї меравад.
Мошин равон мешавад. Трамвай меояд. Зан ба он савор мешавад. Аз тиреза маълум, ки ба каса танга партофта билет мегирад ва дар курсї менишинад. 
Дар боѓ хомўшї. Сайри мардум анљом ёфт. Танњо дар баъзе харакњо чанд љуфт нишастаанд. «Рафтем, дер шуд», гуфт як духтарак ба љуфти худ. Духтари дигар њамин лањза ба писарак гуфт: «Куљо саросемаї? Њоло барваќт».
Ва њарду њаќ буданд. Зеро ки дар рўи замин њамон соати шаб фаро расид, ки шоир чунин тафсир кардааст: «яке дар хобби ноз аст, каси дигар нолиш дорад».

Парда.


Рецензии