Владимир константинов, борис рацер - диоген - пере
Борис РАЦЕР
ДИОГЕН
комилан имкон дорад бошад – мазњакаи комил
даќиќан иборат аз ду парда
Тарљумаи Љумъа Ќуддус
Душанбе – 2019
Иштироккунандагон:
Диоген.
Милена, духтари ў.
Памфила – зављаи ў.
Дорида - хушдоманаш.
Фемистокл – архонти (њокими) шањри Синоп.
Креонт – писари ў.
Флорамия – гетера, зани соњибљамол, бо мўйи ѓуллии зарди оташгун, ки онро бо шонаи сангпуштї бастааст.
Антиох – дўкондор.
__________________________
Хонаи файласуфи Юнони ќадим Диоген дар соњили бањр. Ба онњое, ки мактабро пештар хатм карда, њамаро ба боди фаромўшї додаанд, расида бод, ки ў дар шањраки хурди назди бањр - Синоп дар садаи 1У то мелод зиндагї мекард.
Дар сањна як ќисми њавлї: ду сутуни фарсуда ва зинањои даѓар-буѓур. Болои дар чароѓи куњнаи зангзада. Дар њавлї сагхона ва дарахти аљиби дарунаш ковокии сўрохдор, дар шафаташ бочкаи хушкшудаи шароб. Дар байни дарахт ва яке аз сутунњо банд кашида, либосњоро барои хушкондан овехтаанд. Ин хилофи тартиби меъморист, аммо илољ нест – дар ќадим њам либос мешустанд. Алъон бо ин зањмат Памфила – зављаи Диоген машѓул аст. Милена меояд, мекўшад худро намоён накарда, ба хона дарояд, вале пешпо мехўрад.
Милена. Бало занад ин зинаро!
Памфила. Милена!?
Милена. Субњатон ба хайр, модар.
Памфила. Тамоми шаб дар куљо гум шудї?
Милена. Ба ту аслан «дар куљо» не, «бо кї» буданам муњим.
Памфила. Бо кї - маълум - бо писари сангтарош. Милена, ту њоло љавон, нав ба 17 даромадї. Бандаи чархи ресмонресию таѓораи љомашўї шудан барваќт.
Милена. Э, ман зани вай шуданї не. Гап занад, гўё санг метарошад. Ягон чизї хўрданї њаст?
Памфила. Бибиат ба дўкон рафт, назди Антиох
Милена. Падарам њоло хоб аст?
Памфила. Њоло нахуфтааст. Тамоми шаб фикр кард.
Милена. Шояд ягон ќонуни нав кашф мекунад, баъд мактаби худро мекушояд.
Памфила. Инро ман сї сол боз интизор. Аввал бовар мекардам, баъд умед мебастам, акнун… (Ба сагхона ишора карда.) Њатто саг аз гушнагї фирор кард.
Дорида дар даст сабад ворид мешавад.
Милена. Чї овардї, бибиљон?
Памфила. Нони заѓора.
Милена. Тамом? Гўшт чї?
Дорида. Њамаашро архонти шањр гирифт: имрўз тўй дорад – писараш аз Афина ба таътил омадааст.
Памфила. Ба Диоген чї пазем? - Ба мардак гўшт даркор.
Милена. Аз дўкони дигар гирем-чї?
Памфила. Ѓайри Антиох њељ кас ќарз намедињад. Ягон чизро фурўхтан лозим.
Дорида (бо киноя). Боз чиро мефурўшї?
Памфила. Мисол… бочкаро. Шароб надошта бошем, вай чї даркор?
Дорида. Ѓирболи шикоф ба кї лозим? Ана, чароѓро фурўхтан мумкин: ќадри моли куњна баланд.
Милена. Чароѓи падарро? Вай дар ин хона ягона чизи барояш азиз!
Памфила. Ња, бо ин чароѓ тамоми Юнонро гашт. Пурсиданд, ки чароѓ дар рўзи равшан ба ту чї даркор, мегуфт: «Инсон мељўям»!
Дорида. Кофта-кофта, ту барин ањмаќашро ёфт.
Памфила. Хайр, нон мехўрем! Падаратро љеѓ зан.
Милена. Вай дар куљо?
Памфила. Ту бењтар медонї.
Милена. Шояд мисли дирўза дар тањхона пинњон шудааст?
Памфила. Нест, он љоро дидам.
Милена. Набошад, дар бањр. Якбора оббозї мекунам. (Хитон – пироњанашро кашида болои бочка мепартояд).
Памфила. Аз соњил дур шино накун, бибиат дина нањангро дидааст.
Милена. Нањанг бибиамро дида бошад, дигар ба ин тараф намеояд.
Дорида. Оњ, духтари нањси Диоген! Њозир ба ту нишон медињам!
Памфила. Вай шўхї мекунад, оча. (Хона медарорад). Биё, рафтем. (Бо тарс). Оњ, зинаи балозада!
Дартоз Креонт меояд. Аз паси сањна овоз.
Овози Фемистокл: «Креонт, ист»!
Фемистокли нафасгиршуда меояд.
Фемистокл. Дигар наметавонам. Боз чї ќадар давидан даркор?
Креонт. Имрўз як давра, пагоњ ду давра… ва давом додан мегирї. Саркоњини Афина њар сањар дањ давра медавад.
Фемистокл. Њатто саркоњин метозад?
Креонт. Дар Афина њама медаванд! Саломатї муњимтарин шарти њастї! Аз њаёт ќафо намон, падар, бидав!
Фемистокл. Камтар ист, дамам гирифт.
Креонт. Дар мактаби нотиќї пас аз нутќ даву варзиш фанни муњимтарин аст. Мисли барзагов ќавї мебояд шуд, ки се соат беист њарф занї.
Фемистокл. Беист лаќќидан кори занњо буд - ку?
Креонт. Дар ин бобат њам ќафомонии шумо зоњир мегардад, падар. Њоло њама чиз баракс: Мардњо мелаќќанд, занњо кор мекунанд… Хоса, агар зебояк бошанд… Ба ман як арўси нозанин ёфта дењ, падар.
Фемистокл. Аввал мактаба хон. Дар синни ту ман занро фикр намекардам.
Креонт. Дар синни ту ман њам дар бораи занњо фикр нахоњам кард.
Овози Милена. Падар! Дада-ааа, охир, куљої?
Креонт. Чї овози форам! Ин овози кист?
Фемистокл. Чї донам? Овоз ба ман дар интихобот арзиш дорад. Давидем.
Креонт. Рафтан гир, ман ба як чорхез ба ту расида мегирам.
Фемистокл тозон меравад. Креонт паси бочка пинњон мешавад.
Милена меояд. Маълум, ки нав оббозї кардааст, муйњояш парешон.
Милена. Имрўз дар куљо пинњон шудааст?
Назди бочка омада, хитонашро гирифтан мехоњад, Креонт пешдастї мекунад.
Милена. Кадом мулоимхунук ин љост?
Креонт (аз паси бочка баромада). Каминаи камтарин.
Милена. Њмм. Хитонамро те.
Креонт. Ту аљаб хушрўї! Ту аљаб зебої! Гумон доштам аз бањр баромадани Афродита афсона аст. Њоло ба њаќиќат буданаш бовар кардам.
Милена. Агар хитонро надињї, сагро ба ту киш-киш медињам. Гектор! Гектор!
Креонт. Мањ, гир.
Милена. Хайр, чї ин ќадар нигоњ мекунї?
Креонт. Ту барин хушрўяк дар пойтахт Афина нест.
Милена. Ту барин бењаё дар тамоми Юнон нест! Бирав аз ин љо.
Креонт. То надонам, ки исми шарифат чист, ман нахоњам рафт њаргиз!
Милена. Набошад, ман меравам. (Тарафи хона меравад).
Креонт. Исто, Клеопатра!
Милена. Чї хел Клеопатра? Милена.
Креонт. Ана, фањмидам. Воњ, чї номи ширин. Не, њар хел номро зеб медињї. Исми ман Креонт. Имрўз дар фаввораи майдони шањр вомехўрем?
Милена. Ин ќадар чаќќон. Ман њатто намедонам, ту кистї.
Креонт. Њоло як «пуф». Вале ба зудї мисли Демосфен нотиќи зўр хоњам шуд. Аллакай метавонам як соат беист сухан гўям. Бовар намекунї? Номи ягон ашёро гўй.
Милена. Кадомашро?
Креонт. Кадомашро ки хоњї – сутун, дарахт…
Милена. Бочка!
Креонт. Бифармоед. Инак, бочка. Њанўз Гераклити бузург гуфта буд: њама оѓоз анљом дораду анљом оѓоз...
Милена. Гераклит чї дахл дорад? Дар бораи бочка гап зан.
Креонт. Агар аз бочка оѓоз кунам, як соат дар бораи чї њарф мезанам? Ана, дар бораи ишќи ту метавонам тамоми умр суханронию хушхонї кунам.
Милена. Эњња, кай ту фурсат ёфта ошиќи зор шудї?
Креонт. Аз он лањзаи таќдирсоз, ки овозат ба гўшам расиду љуссаи нозукат ба чашмам ва ин лањза љовид бод! Ва з-ин пас, рўзе, ки туро набинам, он рўз мабод!
Милена. Ман ба ишќ аз нигоњи аввал бовар надорам.
Креонт. Якумаш кам боз бошад, бори дуюм нигар. Боз нигар, соз нигар...
Ба духтар наздик мешавад. Аз сагхона садои атсазанї меояд.
Милена. Вий…
Креонт. Он љо кист?
Милена. Шояд падарам.
Креонт. Њамроњи саг?
Милена. Њамту гуфтам, ки ба ман чаќа нашавї. (Ба хоначаи саг нигариста). Њамин хел њам њаст. Дина дар тањхона пинњон шуд, имрўз дар сагхона.
Креонт. Чаро?
Милена. Барои фикр кардан. Ў файласуф аст, ба ў танњої даркор.
Креонт. Ба ошиќ њам… зарур. Биё, равем ба танњоии наљотбахш…
Милена. Натарс. Ваќти фикрронї падарам, њељ чиро намебинаду намешунавад.
Креонт. Набошад, њамин љо боб.
Бўсаи тўлонї. Аз паси сањна овози Фемистокл.
Овози Фемистокл. Креонт, куљо шудї?
Креонт. Инаш овози падари ман. Пас, бегоњї дар назди фавора мебинем! Шабат хуш бод, ки ман рафтам!
Милена. Падари ту кист?
Креонт (дартоз равон гашта). Архонти шањри Синоп.
Милена. Пас, ин бачаи архонт - њокими шањри мо?
Аз хона Памфила мебарояд.
Памфила. Падарата ёфтї? Дар куљо будааст?
Милена. Халал нарасон – ман фикр мекунам.
Памфила. Боз як мутафаккир дар хонаи мо! Инаш аз њад зиёд.
Милена. Оча, ту ба ишќ аз нигоњи аввал бовар мекунї?
Памфила. Агар ишќ бошад, ња. Бо падари ту мо њамагї ду рўз шинос будему издивољ кардем. Антиох бошад, ду сол ба ман мењрубонї карда буд.
Милена. Њамон дўкондор?
Памфила. Чаро ин ќадар бо нафрат мегўї? Агар ў намебуд, њамаи мо аз гушнагї мемурдем. Маълум, ки ишќи аввалашро фаромўш накардааст.
Милена. Модар, мехоњї, њар рўз ѓами онро нахўрем, ки бо чї шикам пур кунем? Боз кадом чизро фурўшем? Баръакс, гўем, ки имрўз чї харем? Либосњоро канизак шўяд? Дар ин сагхона ба љои падарам сагамон Гектор бошад?
Памфила. Пас, ў дар ин љост? Муттањам! Ман аз субњ калла мекафонам, ки ўро бо чї сер кунам, ў бошад, дар сагхона роњат мехобад.
Диоген. Њой зан! Инсон барои он зиндагї намекунад, ки хўрад, балки барои он мехўрад, ки зиндагї кунад.
Памфила. Антиохи рањмдил ба мо озука намедод, чї ќадар зиндагї мекардї?
Диоген. Устухон ба саге додан њанўз нишони шафќат нест. Шафќат он, ки дар гуруснагии худ нони дањонатро ба гуруснае дињї.
Милена. Чї андарзи пурњикмат!
Памфила. Агар барои њикматчањояш ба ў пул медоданд, мо бойтар аз архонт мебудем. Бењтараш, гўед, њикматдўстон, бо чї шуморо сер кунам?
Диоген. Чароѓи маро бифрўш.
Памфила. Худоё, хобам, ё бедор? Орзу доштї, ки онро ягон замон дар болои дари мактаби фалсафии худ овезї.
Диоген. Дигар зарурат нест. Бо чароѓ инсоне љустам, ки њаќиќатро ифшо кунад. Њоло… њаќиќате мељўям, ки инсонро ифшо кунад. Зинаи аввалро гузаштам.
Љониби хона меравад, дар зинаи назди дар пешпо мехўрад.
Памфила. Бењтар мебуд, зинаи хонаатро таъмир мекардї, бекорхўља!
Намоиши 2.
Боз сањар. Ва боз Памфила либос мешўяд, маѓзобаи таѓораи чўбиро ба таги дарахт мепартояд. Аз бочка бо фиѓон Милена ва Креонти таршуда мебароянд.
Памфила. Вий… Мебахшед, Салом, Креонт! Чаро ин ќадар барваќт омадї?
Креонт. Гоњо «барваќт» баробармаъност ба вожаи «дер». Устоди ман дар Афина њамеша мисол меорад, ки ба фикри маъмулї мухолиф аст. Ў мегўяд: «Сўхтор беваќтии шаб рўй дод. Ваќте сўхторхомўшкунандањо омаданд, аллакай сањари барваќт буд». Яъне, хеле дер омаданд.
Памфила. Гапњои хушрў. Ба шумо халал намерасонам. (Ба хона медарояд).
Милена. Ту њам рав, Креонт, субњ дамид.
Креонт. Боз як шаби ишќи мо гузашт.
Милена. Ду моњ зуд гузашт! Њафтаи оянда ба Афина меравию маро фаромўш мекунї.
Креонт. Њамроњ меравем. Имрўз ба падарам мегўям. Метавонистам баробари диданат арз кунам, ки туро мегирам вале падарам саросемагиро дўст намедорад.
Милена. Агар «не!» гўяд чї?
Креонт. Намегўяд. Туро ки дид, забон гум карда, мегўяд: «Ин гулбуни зебо аз куљост»! Ашрофони Афина зери пойи ту меафтанд.
Милена. Инаш чї лозим? Ту њастї - ку?
Креонт. Ман пеши ту, онњо пеши ман меафтанд. Умре нотиќ намемонам-ку! Мехоњам архонт шавам ва на дар Синопи варшкаста, балки дар Афинаи барозида! Албатта мешавам! Магар намехоњї ки шавњарат архонт бошад?
Милена. Фаќат кал набошад.
Креонт. Алабатта! (Дартоз меравад)
Милена (љониби дарахт меравад). Падар! Ман ба наздикї ба Афина меравам! Мо издивољ мекунем! Хомўш наист. Ба сўрохи дарахт даромадани туро дидам.
Аз сўрохии дарахт Диоген мебарояд.
Диоген. Хомўш, халал нарасон. Нури Њаќиќат дар субњи содиќ майнаи маро равшан кард. Оњ, дар љавонї чї соддаву гўле будам, ки бо чароѓ инсон мељустам. Чизи тамоман дигарро љустан лозим буд.
Милена. Чиро, падарљон?
Диоген. Баъд мегўям, духтарам, баъд. Њоло дар бораи бисёр чизњо андеша мебояд кард, то фикрњои бетартибона љамъшуда дар ќолаби муайян ба њам љўр шаванд. Халал нарасон. (Дар сўрохии дарахт пинњон мешавад).
Аз хона Дорида мебарояд.
Дорида. Куљост он нобакор!? Куљост он бекорхўља?! Љавоб дењ!
Милена. Намедонам.
Дорида. Ту њамеша медонї, ки ў дар куљост.
Милена. Чї шудааст?
Дорида. Чархаи ресмонресї ба болои ман чаппа шуд! Чанд бор илтиљо кардам, ки боз як мех занад!
Аз хона шитобон Памфила мебарояд.
Памфила. Латтаро тар кардам, ба пешониат мон. Тангаи мисин бењтар мебуд.
Дорида. Танга аз куљо? – Њар чї буд, хўрдед. Ана, мемураму кафан намеёбед.
Памфила. Ёфт мешавад, оча. Ана, имшаб хоб дидам, ки Милена бо Креонт аз маъбади Гименея мебароянду тамоми сокинони Синоп зери пояшон гул мепартоянд.
Дорида. Духтари файласуфи гадою писари архонт?! - фаќат дар хоб мешавад.
Милена. Хоби нек гоњо рост мебарояд. Ана, хоб дида будам, ки чархи ресмонресї болои ту чаппа шуд. Ана, имрўз шуд-ку.
Памфила. Њай, ту нобакор! (Даст мебардорад).
Милена ба хона фирор мекунад.
Памфила. Хомўш, Антиох меояд! Дар ин сањарї куљо меравад?
(Дар соњил Антиох лўккас зада метозад)
Дорида. Равѓани бадан об мекунад. Ин одатро Креонт љорї кардааст.
Памфила. Салом, Антиох. Худо ба ту умри дароз дињад.
Антиох. Ба шумо њам – то фурсат ёфта, бо ман њисобї кунед.
Памфила. Ба наздикї њисобї мекунем, ба наздикї. Ана, Диоген…
Антиох. …ќонуни навро кашф мекунад? Инро сад бор шунидам. Вале то кашфи ў дари дўкон ба шумо баста! Тоќатам тамом шуд, ќарз њам.
Памфила. Ман ба наздат барои гўшт даромаданї. Якбора љавониро ба ёд меорем… Наход ки њамаашро фаромўш карда бошї?
Антиох. Чаро не? Њамааш дар ёдам: Ту нозукак будї, монанди Милена. Нархи гўшт ду дирњам буд, њоло - чор дирњам. Бигузор духтарат ояд. (Тозон меравад).
Памфила. Фосиќи пир. Бењтараш куртаи охиринамро мефурўшам, ки вай остонаи туро зер накунад! (Аз тор куртаро мегирад).
Дорида. Ин куртаи ман. Аз худата аллакай фурўхтї. (Ба хона медарояд).
Памфила низ либосњоро љамъ карда, аз ќафои ў меравад.
Ба соњил дартоз Фемистокл меояд.
Овози Крент. Падар, як дам ист!
Фемистокл. Чаро мисли сангпушт мељунбї?
Креонти нафасгиршуда меояд.
Креонт. Андак дам гирем.
Фемистокл. Ња, чаро мисли моњии ба таѓора афтода дамгир шудї. – Тамоми шаб дайдугї мекунї, сањар бедор шуданат мушкил. Давидем!
Креонт. Падарљон, як чиро маслињат кардан даркор.
Фемистокл. Ана барои чї давидї. Хайр гап зан! Фаќат бе Демокриту Суќрот, асли масъаларо гўй. Пас аз як њафта интихоботу ќубури об кафид! Агар ба таъмир фурсат наёбам, ту писари архонт намешавї. Ба камоли љамоли модарат умед набанд.
Креонт. Падари азиз!
Фемистокл. Боз ду калима зиёдатї. Медонам, ки ман падар. Мухтасар гўй!
Креонт. Ёд дорї, арўс хоњиш карда будам. Дигар наков, худам ёфтам.
Фемистокл. Номаш!
Креонт. Милена.
Фемистокл. Не, номи падараш?
Креонт. Диоген.
Фемистокл. Нашунидам. Вай кї?
Креонт. Файласуф.
Фемистокл. Тухмашон зиёд шуд, дар ёд доштан душвор. Љои зисташ куљост?
Креонт. Ана њамин љо.
Фемистокл. Паноњаш ба худо, умраш кам мондааст: имрўз не-пагоњ ин бандарча ба сараш фурў меравад. Ѓуломонаш танбал!
Креонт. Ў ѓулом надорад. Фаќат зан дораду хушдоман.
Фемистокл. Ва ту ба ин хона даромаданї?
Креонт. Не, ў ба хонаи мо медарояд. Њозир чунин расм шудааст. Њар хона файласуфи худро дорад. Дионисийро кї пештар мешинохт? Пас аз он, ки файласуф Афлотун дар хонаи ў маскан гирифт, дар тамоми Юнон маъруф гашт.
Антиох аз дав бармегардад.
Антиох. Субњ ба хайр, Фемистокл. Ба зављаи муњтарамаат бигўй: аз Кипр ба ман ду галлон равѓани гул оварданд. Ман барои вай як кўзачаашро нигоњ доштам.
Фемистокл. Боќимондаашро чї?
Антиох. Њамаашро гетера Флорамия гирифт.
Фемистокл. Ба вай ин ќадараш чї лозим?
Антиох (равон шуда). Дар бист гул барин хушбўй буд, њоло аз сї болост.
Фемистокл. Э, исто. Ту медонї, Дионисий кист?
Антиох. Њамоне, ки ба хонааш файласуф Афлотунро љой дод?
Креонт. Дидї, ман чї гуфтам?
Антиох. Дар хонааш аз бисёрии ашроф љойи сўзанпартої нест – њама ўро дидан мехоњанд. Дўкондори мањалла боз як дўкон кушодааст. Чунки харидор зиёд.
Фемистокл. Набошад, Антиох, гўш дењ: ман ба наздат ѓуломњоро мефиристам. ба онњо ѓунољини аз њама љавону як бочка шароби аз њама куњна медињї.
Антиох. Худо умри шуморо зиёд кунад! (Дартоз меравад).
Креонт. Мењмонони ту кистанд, падар?
Фемистокл. Хешони ояндаи мо. Пеш аз маскун кардан як назар кунем.
Креонт. Падарљон!
Фемистокл. Фаќат бе такаллуфи зиёдатї.
Креонт. Онњоро кай даъват мекунї?
Фемистокл. Дар бозгашт. Саломатї муќаддам! (Дартоз меравад).
Креонт (фарёд мекунад). Милена! Милена!
Аз хона Милена дартоз мебарояд.
Милена. Чї шуд?
Креонт. Ў розї шуд! Њама хешонатро даъват бикун.
Милена (дод мезанад). Модар! Бибї!
Аз хона Памфила ва Дорида давида мебароянд.
Њарду. Ња?
Милена. Мо издивољ мекунем!
Креонт. Шумо бегоњї мењмони мо мешавед. Њозир ба инљо падарам меояд, ки шуморо даъват намояд. Диоген дар куљо?
Милена. Дар сўрохии дарахт!
Памфила (дартоз назди дарахт рафта). Фаро. Духтарат ба шавњар мебарояд.
Диоген. Ба кї?
Дорида. Худоё! Ду моњ боз онњо дар ин љо чумчуќбозї мекунанду ин бехабар.
Памфила. Фаро зудтар. Њозир ќудошавандаат архонт меояд!
Диоген. Фикр дер ба сар меояд, аз ташрифи архонт њам камтар. Чун гунљишк: тарсондї, парида мераваду дигар барнамегардад. (Ба сўрохии дарахт медарояд).
Фемистокл меояд.
Креонт. Ана, падарам омад. Шинос шав – Милена, духтари Диоген.
Фемистокл. Дар ин хароба чунин гулбуни зебо аз куљо?
Креонт. Инњо – парваришгари ин гул. Памфила, - зављаи Диоген. Инаш…
Фемистокл. Хушдоман – ёфтам? Худи Диоген куљост?
Милена. Ў дар…
Дорида (сухани ўро бурида). Нотоб аст. Чархаи ресмонресї ба сараш афтид. Чунон коргар, ба њама ѓамхор… Бо як мех бист сол кашол буд он чарха, боз бист соли дигар меистод. Не-да, мехи дуюмро зад, ки… Акнун таб карда дар хона хоб...
Диоген (аз сўрохи дарахт сар бароварда). Дурўѓ. Ман дар инљо.
Фемистокл. Он љо чї кор мекунї?
Диоген. Фикр меронам.
Фемистокл. Дар болои дарахт?! Ња, мефањмам. Наздиктар ба худо?
Диоген. Дуртар аз хешон. Ва онњое, ки ба фикрронї халал мерасонанд. (Ба сўрохї медарояд).
Фемистокл (ба писараш). Афлотун њам дар болои дарахт мешинад?
Креонт. Гоњ-гоњ. Файласуфњо мисли одамони оддї нестанд. Барои њамин номашон ва номи дўстонашон љовид мемонад.
Фемистокл. Хуб. Ба фикрам Диоген, мо дўст мешавем, њатто хеш мешавем.
Памфила. Хобам рост баромад, рост баромад!
Фемистокл. Ин бегоњ шахсони машњурро даъват карда, рўзи тўйро эълон мекунам. Диоген, ваќте офтоб ба бањр меафтад, туро дар хонаам интизор мешавам. Њоло шитоб дорам. Креонт, мењмононро даъват кардан гир. Аз сарсудя сар кун.
Креонт. Бо ў анљом медињам. Даъватро аз Антиох сар мекунам.
Фемистокл. Аз дўкондор?
Креонт. Намедонам, дар Синоп чї хел, дар Афина дўкондор маъруфтарин аст.
Фемистокл. Ин тавр бошад, гетера Флорамия њам шоистаи даъват аст?
Креонт. Албатта. Маъруф касест, ки ўро мешиносанд. Гетера дар байни халќ маъруф аст. Њељ набошад, њамаи мардњо мешиносанд. (Дартоз меравад).
Фемистокл. Оњ, њар ќадар надавї, ба пойтахт расида наметавонї. (Меравад).
Дорида. Наход, ки ин дар бедорї бошад? Маро пуч, Памфила.
Памфила. Нињоят, хонаро таъмир мекунем.
Дорида. Дарбењи вайрона чї лозим? Дар хонаи Архонт зиндагї мекунем.
Милена. Мо ба Афина меравем. Аллакай маслињат шудагї. Креонт архонт интихоб мешавад, мо соњиби хонаи худ боѓ, бачањои бисёр-бисёр мешавем.
Памфила. Моро фаромўш накунед. Аќаллан дар як сол як бор ѓуломатонро бо хабарњои нав фиристед.
Дорида. Ѓуломро намедонам, вале бачањошона њатман мефиристанд.
Антиох бо сабади калони пур меояд.
Антиох. Муборак, Памфила. Креонт гуфт. Хушбахтам, ки ин шом бо ту паси як миз мешинам… Вале то шом њоло дур. Бароят гўшти ѓунољину мева овардам.
Памфила. Ту дигар ба мо ќарз доданї набудї-ку.
Антиох. Дуруст. Вале акнун њама чизро бепул гирифта метавонед. Дарвоќеъ, аз Афина ба мо хитонњои муди охирро оварданд. Назар кунед.
Памфила. Пироњанро, ба фикрам, аз дўкони дигар мегирем.
Антиох. Чаро аз дигар љо? Мо бегонаем? Љавониамонро фаромўш кардї?
Памфила. Њамааш дар ёдам. Ту нозукак будї, мисли писари хурдиат…
Антиох. Фањмо! Хитони туро писари хурдї меорад, ба Дорида писари калонї.
Памфила. Шўхї кардам. Метавонї худат биёрї.
Антиох. Ташаккур. Хизмат ба файласуфе, ки ба архонти мо шуњрат меорад, бароям шарафи бузург аст! (Меравад).
Памфила. Шунидї, модар? Мо аз ќашшоќ ба доро табдил ёфтем, ба шарофати ў! (назди дарахт меояд). Диоген, азизам, гурусна мондї, биё, ягон чиз хўр… Гап зан.
Диоген. Халал нарасон барои фикр кардан.
Памфила. Э, фаро охир, аз ин дарахти сабилмонда!
Дорида. Ту ба сари кї дод мезанї? Ба одам халал эљод макун. Мехоњад фикр ронад? – рондан гирад. Мехро њар кас зада метавонад. Аммо фикр кардан – њунари њар кас не. Бењтараш ба вай гўшти ѓунољинро бирён карда те.
Памфила. Хуб. (Ба хона медарояд).
Дорида (ба Милена). Писар шавад, албатта номаша Диоген мон.
Диоген (аз болои дарахт). Эврика! Эврика! Ёфтам! Нињоят, ёфтам!
Милена. Чї ёфтї, падар?
Дорида. Дар он љо ѓайри поруи парранда чї ёфтан мумкин? (Хона медарояд).
Диоген (фаромада). Гўш кунед, мардум! Дар љавонї бо чароѓ одам мељустам. Бояд одамиро дар инсон мељустам! Бигў, дар хонаи Диоген чанд ѓулом њаст?
Милена. Таб надорї, падар?
Диоген. Ба саволам посух дењ – чанд ѓулом дорем?
Милена. Ягонта надорем.
Диоген. Њаст! Чорта – Дорида, Памфила, ману ту. Бале, њамаи мо ѓуломем: ѓуломи ашё, ѓуломи ин хона, ин латтањо, ин чароѓ. Ба назари мо хўљаини онњоем, дар асл мо ѓуломи ашё њастем. Танњо касе хушбахт аст, ки дар худ нерў пайдо карда, торњои ноаёни ин ѓуломиро канда озод мегардад! Пас дар љањон чизњое мебинад, ки мутааллиќи касе нестанд: офтоб, ситорањо, бањр.
Милена. Ин фикр ба сарат њамин њозир омад?
Диоген. Оре, аммо фикри инро барваќт, дар синни ту - аз њафтдањсолагї оѓоз карда будам. Афина бо Спарта мељангид ва ман ба љои хитон љавшан мепўшидам. Рўзе дидам, ки аскарон ба шањри маѓлуб даромада, ѓанимат мерабуданд! Ин аз худи муњориба дањшатноктар буд! Барои як кўзаи гилї асакарњо тайёр буданд, якдигарро кушанд. «Чаро!? – фиѓон задам ман, – ваќте мо њама гили фаношавандаем»! Аммо њељ кас маро нашунид. Ба Афина баргашта, чароѓ гирифтаму одам љустам, ки инро ба ман фањмонад. Ана њамин тавр, то Синоп расидаму Памфиларо ёфтам…
Милена. Вай, инсонро чї?
Памфила. Наёфтам. Посухро худам љустам. Зоѓи сиёњ сесад сол умр мебинад. Инсон – махлуќи боаќлтарин чї? Ба арзи як хатча байни ду санаи таваллуд ва марг. Ва онро барои чї сарф мекунем? Дар љавонї, ваќти солимию нерумандї – ба љамъ кардани ашё, дар пирї, ваќти сустиву бемадорї – ба њифзи он. Вале сарват мисли оби шўри бањр: чї ќадар нўшї, њамон ќадар ташна мемонї. Доро на он, ки ашёи зиёд дорад – доро касе, ки аз бисёр ашёи худ даст кашида метавонад. Инсон бо кам ќаноат карда, њама дунёро ба даст меорад.
Милена. Модарљон! Бибиљон!
Памфила ва Дорида аз хона давида мебароянд.
Памфила. Чї шуд?
Милена. Гўед, мо чанд ѓулом дорем?
Дорида. Боз кадом фикри бемаъниро ба сари ту љой кард? Ѓуломи охиринро бобоят ваќти таваллуди ту фурўхт – пуле наёфтем, ки бароят гањвора харем.
Милена. Вай охирин набуд. Мо њам ѓулом: ѓуломи чизњои худ, бо тори ноаён ба ашё бастаем. Вале онњоро канда тавонем, хушбахт мешавем. Њамин тавр, дадаљон?
Диоген. Оре. Њарки ќаноат кунад - соњиби дунё шавад.
Милена. Падарам ќонуни нав кашф кард! Акнун мактаби худро мекушояд.
Памфила. Кї бачаашро ба чунин мактаб мефиристад? Танњо ќашшоќ!
Дорида. Њамаашон не – фаќт оне, ки аќлаш дар љояш нест.
Диоген. Медонам, ки маро на њама мефањманд ва на ба зудї… Аммо файласуф мисли барзгар: њосили кам гирад њам, заминро шудгор кардан мегирад то дар њуши одамон тухми шубња корад, ки оё роњи зиндагияшон дуруст аст? Њикматњои фалсафа, њарчанд оќилона ва боэътимоданд, инсонро маљбур карда наметавонад аз одати њаррўза даст кашад. Намунаи ибрат лозим! Оре, намуна! Агар Прометей аз макони худоњо оташро намедуздид, одамон то њол дар торикї зистан мегирифтанд. Як кас бояд сар кунад, набошад, на дуюм одам пайдо мешавад, на сеюмаш. Аз ин пас ман аз њама дороиям даст мекашам!
Дорида. Дороии ту чист? Њамин кулбаи хароб?
Диоген. Ин њам ба ман даркор нест.
Дорида. Ба мо њам. Акнун мо дар хонаи архонт зиндагї мекунем!
Диоген. Хонаи вай ба ман даркор не. Ягон чиз даркор нест!
Памфила. Пас, дар куљо зиндагї карданї њастї?
Диоген. Магар дар зери осмон љой кам аст?
Памфила. Замоне, ки ту њикмат мебофтї, зери осмонро дигарон талош карда гирифтанд. Занљирњояшро кандан мехоњад! Геркулес нашуда мон. Э, аз майна об кардана мисли ана ин бочка ќоќ шуда рафтї!
Диоген. Бочка фикри хуб, Памфила. Ташаккур ба ту. Дар он зиндагї мекунам. Ба худо ќасам, то њаќ буданамро одамон нафањманд, аз ин љо намебароям!
Дорида. Ба ту лозим мешавад, ки тамоми умр шиштан гирї.
Памфила. Баро. Њозир хитон меоранд. Дар бочка андоза карда намешавад!
Диоген. Њељ чиз нафањмидед. Ба ман хитон њам лозим не, ягон чиз даркор нест. Фаќат як чиз мехоњам: маро њама шунаванду аз ояндаи худ фикр кунанд.
Памфила. Дар ин хароба туро кї мешунавад? Фаќат саги дайду ва бекорхўљае, ки равѓани бадан об мекунад. Ба онњо њаќиќат чї лозим? Ба ёд ор, ваќте бо чароѓ «Одам мељўям» гуфта дод мезадї, туро кї шунид?
Диоген. Ту.
Памфила. Ман ба ту дил бастам, барои њамин њазёни туро гўш мекардам.
Диоген. Шояд боз ягон каси дигар дил мебандад.
Памфила. Дил бандаду бинад! Медонї чї кораш мекунам?!
Дорида (ба Памфила, паст). Ором шав! Ин «намунаи» ниммурда ба кї даркор? (Ба Диоген). Ту њаќ, Диоген. Аммо Памфила њам рост мегўяд: дар ин гўша туро кї мешунавад? Ана, дар хонаи архонт бошї, дар маркази Синоп њама туро мебинанд, эътироф мекунанд, эњтиром меккнанд ва ба њар орзуят соњиб мешавї.
Диоген. Эътироф шуда соњиби њељ чиз нашудан – бењ аз молики њама чиз шудану эътироф нашудан. Бас. Ба фикр карданм ман халал эљод накунед! (Ба бочка медарояд).
Памфила. Дар бораи тамоми инсоният фикр кардан осонтар аст аз чора љустан барои таќдири духтари ягона. Ту дил дорї?! Ба хотири духтарат баро!
Дорида. Дил дорад. Фаќат роњи дили мард ба воситаи шикам аст. Милена, ба фикрам, гўшт бирён шуд. Давида рафта, биёр онро.
Милена. Хуб. (Давида ба хона медарояд).
Дорида. Њозир худаш «љон-љон» гуфта мебарояд.
Милена тозон хўрок меорад.
Милена. Ана, бибиљон…
Дорида. Дар он љо мон, ба бочка наздиктартар.
Сарпўши бочка кушода мешавад, Диоген сар мебарорад.
Диоген. Бўи бињишт мерасад. Ин чист? Наход гўштбирён?
Дорида. Ња, гўшти ѓунољин – таъоми дўстдоштаи ту.
Диоген. Бо писта?
Дорида. Бо писта ва чормаѓзи мушкбўи суда.
Диоген. Ќабати болояш насўхтааст?
Дорида. Каматарак – тавре ки ту дўст медорї.
Диоген. Хуб аст. (Як пояшро аз бочка берун мекунад).
Дорида. Милена, шах нашав, ба падарат ёрї дењ. Бе ман чї кор мекардед?
Диоген (пояшро дубора ба бочка дароварда). Не, њаргиз! Ња, шикам наѓора мезанад. Аммо њама корро ба шикам вобаста кардан дуруст не.
Милена. Чї таъом њам намехўрї?
Диоген. Бе гўштбирёну писта њам зистан мумкин. Пораи нону намак кофист.
Памфила. Ман ба ту рўи нони хушкро нишон намедињам!
Дорида. Барќасдии кор - мањз дар њамин рўзи умедбахш дардаш ќапид.
Памфила. Хомўш. Антиох меояд.
Антиох як даста хитон - пирањони гуногунрангро бардошта меояд.
Њама пеши бочкаро мегиранд.
Антиох. Бинед, дар кадом дўкон ин хел рангобарангашро меёбед? Ин хитон ба ту, Дорида. Ранги осмонї љавон мегирад. Гулобиаш ба ту Памфила. Бори аввал туро дар куртаи гулобї дида будам. Ба арўс, албатта сафедаш… (Тамошо мекунад). Чї хел зебо шудед! Чун се олињаи аз Олимп ба замин фаромада: Гераи омир, Афинаи доно, Афродитаи соњибљамол. Танњо Парис намерасад, ки зеботарини шуморо ќазоват кунад… Ана, худаш расида омад.
Дартоз Креонт меояд.
Креонт. Њамду сано ба худоён, ки дар Синоп тўй мекунем! Дар Афина барои даъвати ашроф як моњ камї мекард. Ин шом њамаашон пеши ту меафтанд, Милена!
Дартоз Фемистокл меояд.
Фемистокл. Креонт!? Ту њанўз њам ин љойї?
Креонт. «Њанўз» не, падар, «аллакай»: њамаро даъват кардам.
Фемистокл (ба назди дарахт). Диоген, ту њам ягон касро даъват карданї њастї? Таъом кофист: ашрофон њоло кам мехўранд – њама парњезї. Чаро хомўшї?
Памфила. Вай дар он љо нест. Вай… Ў…
Дорида. Хоб аст. Тамоми шаб фикр кард, акнун сари хобашро мегирад.
Диоген (аз бочка сар кашида). Дурўѓ! Ман дар инљо.
Фемистокл. Аљиб. Гоњ дарахт, гоњ бочка. Пагоњ худата куљо метиќќонї?
Диоген. Тамом. Аз имрўз – ин хонаи ман. Ман дар ин љо зиндагї мекунам.
Фемистокл. Намефањмам.
Креонт. Шўхии файласуфњо чунин аст.
Антиох. Ин чї хел хона буда метавонад?
Диоген. Хонаи ту чї дорад? – Чор девору бом. Девор њаст. Бомаш – ана. (Сарпўши бочкаро чарсї карда, мањкам мекунад).
Антиох. Ба вай чї шуд?
Памфила. Фикр карда, ба хулоса омад, ки… ба одам њељ чиз даркор нест.
Диоген (аз бочка). Даркор, фаќат чизи муњимтарин. Зиёдатиаш лозим не.
Фемистокл. Фикри хеле аљиб. Мавзўи шавќовар барои суњбат дар сари миз. Набошад, фаќат дар бораи боду њавою мусобиќаи олимпї чаќ-чаќ мекунанд.
Диоген. Нафањмидї, архонт. Ман ба хонаи ту намедароям. Ба хонаи худам низ. Ман дар ин љо хоњам монд.
Фемистокл. Ту ягон чї мефањмї, Креонт?
Креонт. Не! Ман њам бори аввал мешунавам.
Антиох. Чї љойи нофањмї? – Ин девона шудааст. Кї барои чизи майда аз калонаш даст мекашад?
Диоген. Баръакс, ба хотири чизи бузург аз чизи хурд. Соњиби бањр худро аз касе, ки дар њавзчаи мармарї ѓўта мезанад, кам мешуморад? Молики офтоб ба дорои як шамъдон, бигузор тиллої, њасад мебарад? Дили аз њасад холї аз мењру накўкорї пур мешавад. Одам бо ќаноат молики њама дунё мешавад.
Фемистокл. Молики бањр! Соњиби офтоб! Ин девона! Не, не, мудњиштар аз он! Бо касе, ки чизе талаб мекунад, њамеша муомила кардан мумкин. Аммо касеро, ки ба вай њељ чиз даркор нест, чї хел розї мекунї?! Рањмат, писарам, «аљаб хурсанд» кардї, боз пеш аз интихобот! (Ба Диоген). Гўш кун, гап њамин: агар то шом аз ин бочка набарої, ягон хел тўй намешавад, ман ба тўй розигї намедињам! (Меравад).
Креонт. Диоген, баро.
Антиох. Худи њозир баро.
Дорида. Як соат зорї кардем, нашуд. Њатто гўсолабирёни ту фоида накард.
Антиох. Шўрмоњї ба таги бочка часпад, бо об рехтан мебароранд. Об биёред!
Дорида. Тамоми оби бањри Эгейро бирезї, фоида надорад: бочка шикоф аст.
Креонт. Оташ занем, девонавор давида мебарояд.
Милена. Падари маро намедонед: ба хотири аќида худро ба сўхтан медињад.
Креонт. Акнун чї мешавад?
Антиох. Медонам, ки чї намешавад: дўкони дуюмамро намекушоям.
Дорида. Хомўш. Флорамия меояд!
Памфила. Инаш њам медавад – њама девона шудаанд!
Флорамия дартоз меояд.
Флорамия. Дуруду паём бар шумо, њаммењанон. Ин арўси ту, Креонт? Завќат бад не. Аз ў њам соз. Хитони шинам. Аз куљост?
Антиох. Аз дўкони ман.
Флорамия. Ба ман њам аз ин бифирист.
Антиох. Э, не, Флорамия. Ту њоло барои гўшту шароб њисобї накардаї.
Флорамия (пулдонашро мегирад). Марњамат.
Антиох. Ин ќадар пул аз куљо? Дина сањарї пулдонат хоп-холї буд.
Памфила. Баъди сањар шом шуд, шаб ходими маъбади Афродита омад.
Антиох. Афсона. Онњо савганд мехўранд, ки ба зан даст намерасонанд.
Флорамия. Онњо рўз савганд мехўранд, ман шаб таъом мехўронам. (Ба Антиох пул медињад). Гир. То шом! (Давида меравад).
Креонт. Ёфтам, чї хел барорем: бочкаро не, чизи дохили ўро сўзондан даркор
Дорида ва Памфила. Диогенро!?
Креонт. Ба таври рамзї: сўзондан бо оташи эњсос. Ба бочка бояд зан дарояд!
Памфила. Ба фикрат, агар ман ба он љо дароям…
Креонт. Ман «зан» гуфтам, на «завља». - Зане, ки баробари диданаш њама фикри тира аз сар дур шавад! Флорамия! – Ў моро наљот дода метавонад! Агар зоњиди маъбад савгандашро шикаста бошад, ба Диоген гап нест…
Милена. Бас, Креонт. Чї тавр ин фикри бењуда ба сари ту омад?
Памфила. Вай танњо аз болои мурдаи ман медарояд! Сї сол њамроњ зистем, ў њељ гоњ хиёнат накардааст, ягон зани дигарро намешиносад…
Антиох. Ана барои чї он њарзаро фикр карда баровард: «Ба инсон њељ чиз даркор нест»! Албатта, бо як кас сї сол бошї, њељ чиз намехоњї, ѓайри аљал. Ана, агар Афродита аз пешат барояд – на он муљассамаи назди маъбад, балки зиндааш - гармакаку нармакакаш – оњњо, на танњо аз бочка, аз худ бадар мешавї!
Памфила. Сар медињаму ўро намемонам! Танњо аз болои мурдаи ман гузарад!
Антиох. Э, ту шудию мурдаи ту.
Креонт. Памфила, бидон: сокинони Спарта тифли беморро аз дасти волидон кашида гирифта, ба љар мепартоянд. Ту, духтари ягонаатро бо дасти худат ба љарии ќашшоќї мепартої! – Агар то ѓуруби офтоб Диоген аз бочка берун нашавад, офтоб барои ман њам нест мешавад. Бе Милена зиндагї бароям маъно надорад! Зиндагии бе маъно – бемаъноист, гуфта буд… Кї гуфтанаш ањамият надорад. Хайр. (Меравад).
Милена. Ист, Креонт. Ман бо ту меравам.
Памфила. Сабр кунед. Дили ман аз санг нест. Ман модарам, худамро ба љарї партофтан - бењтар аз духтарамро ба доми ќашшоќї партофтан. Њар чї хоњед, кунед, фаќат мо онро набинем. Меравем.
Ба хона медарояд, аз пасаш Дорида ва Милена мераванд.
Антиох. Демосфен шаву рав. Падарат бењуда ба тањсилат пул намедињад.
Креонт. Акнун гап сари розї кардани Флорамия!
Антиох. Инаш вазифаи ман. Мисли ту дар нотиќї нахондам, вале бо каси бо ќарз молгирифта чаќ-чаќ карда метавонам. Ана, худаш меояд.
Флорамия давида меояд.
Антиох. Њой, Флорамия, исто!
Флорамия. Ба фикрам, бо ту њисобї кардам.
Антиох. Нопурра.. Флорамия, худо шоњид, ки ман ягон бор, њатто дар рўзњои душвор аз ќарз додан ба ту саркашї накардам… Ёд дорї љанги Форсро, ки дар шањр фаќат пирони фартут монданд?
Флорамия. Ња, агар лутф намекардї, то бозгашти ѓолибони љанг мемурдам.
Антиох. Њоло њам ба ту осон не: духтарони хушрўи љавон рўидаанд…
Флорамия. Чї мехоњї? Зудтар гўй. Шом ба хонаи архонт даъват шудаам. (Ба Креонт). Агар ту њазл накарда бошї, хушрўча!.. Занат ба дилат занад, маро ёд бикун.
Антиох. Васваса накун. Дили бача зиќ. Ягон хел тўй намешавад.
Флорамия. Афсўс. Бори аввал ба чунин љо даъват карданд… Чї шуд?
Антиох. Падари арўс ба бочка даромада, аз он баромадан намехоњад.
Флорамия. Вий, девона шудааст?
Антиох. Ў файласуф, њамин хел фикрњо ба сараш меояд.
Флорамия. Ња, файласуф гўй? Машњур аст?
Антиох. Машњурашон дар Афина. Барои аз бочка баровардани вай ёрї дењ.
Флорамия. Ман?! Ду мардаки калон чаппа карда наметавонед?
Антиох. Гап дар бочка не, майнаи ўро чаппа кардан лозим, ки рост шавад.
Креонт. Инро танњо ту карда метавонї – бо камоли љамол, бо њарфи ширин.
Антиох. Хулоса, ин корро ту мекунї, Флорамия.
Флорамия (дилбарона). Куљост он мард?
Антиох. Гуфтам-ку, дар бочка. Сар кун, ваќт нест.
Флорамия. Ин ќадар чаќќон. Пулашро кї медињад?
Антиох. Ман. Ин тўёнаи ман. Пагоњ ба дўкон меої, њисобї мекунем.
Флорамия. Не, дар дўкони ман ќарз намедињанд. Пулро дар бочка монед.
Антиох. Ана, гир. (Пул медињад).
Флорамия. Ин љо чї ќадар?
Антиох. Сесад.
Флорамия. Не, чорсад.
Антиох. Инсоф бикун…
Флорамия. Машњур мебуд, ягон дирњам намегирифтам. Реклама – омили тиљорат. Ту инро бояд наѓз донї.
Антиох. Сесаду панљоњ.
Креонт. Савдо накун. Охир, боз як дўкони калон мекушої.
Антиох. Майлаш, гир.
Флорамия. Ин девона чї ном дорад?
Креонт. Диоген.
Флорамия (назди бочка меояд). Шер-ако! Њой Шер-ако, ман оњубарраи ту.
Диоген аз бочка сар мебарорад.
Диоген. Ба ту чї даркор, эй зан?
Флорамия. Ана, аллакай баромад.
Антиох. Фаќат нимаш. Бояд њама љуссааш барояд.
Флорамия. Њозир њамааш мебарояд. (Пирањанашро кашида мепартояд )
Диоген. Ин чї њол аст, эй зан!? Худи њозир пирањанатро бипўш!
Флорамия. Њама бараксашашро мехоњанд. Наход, ба ту маъќул набошам?
Диоген. Ба фикр кардани ман халал эљод макун.
Флорамия. Пас, њоло дар танам либос бисёр. (Шиппакашро кашида мепартояд, ба Креонту Антиох). Шумо рўятонро гардонед. Ё ки боз пул дињед.
Диоген. Бирав, эй зан!
Флорамия. Гапи дигар намедонї, фаќат «Эй зан!» мегўї? Ман ном дорам.
Диоген. Номатро намедонам.
Флорамия. Боз аљибтар. Нахустин марде, ки дар Синоп маро намешиносад. Хонаи ман ба њама маълум: наход, эълони дари хонаи маро нахондаї? «Даромадї, њамаро фаромўш бикун. Баромадї – абадї дар ёд дор».
Диоген. Шояд хондам, вале абадї дар ёдам намонд.
Флорамия. Њељ гап не. Акнун ба ёд мегирї. (Таронае замзама карда, ба бочка медарояд). «Маро мешиносї? – Њамонам, њамонам».
Креонт. Худоё, ба кори мо мадад бикун.
Антиох. Аз Флорамия умеди калон дорам. Ў њилаашро медонад.
Ќисми 2.
Намоиши 3.
Хамон љо. Креонт ќадам мезанад. Антиох ба бочка часпида гўш мекунад.
Креонт. Хўш…
Антиох. Чаќ – чаќ мекунанд.
Креонт. Офтоб барои ѓуруб поён фаромад, чї ќадар лаќќидан мумкин?
Антиох. Ваќте мард аз 50 болост, муњимтар аз ишќ суњбати ишќ аст.
Креонт. Ѓайри занаш ягон касро дўст намедошт, аз ишќ чї гуфта метавонад?
Антиох. Њаминаш аљиб. Ташвиш накаш, Флорамия илољашро меёбад.
Аз хона Дорида мебарояд.
Дорида. Хўш…
Креонт. Чї ин ќадар хўш-хуш гуфтед? Дар бочка набошам, аз куљо донам?
Дорида. Ба ором кардани Памфила дигар ќувватам намонд. Таќ-таќ бикун.
Антиох (бочкаро мекўбад). Њой, Флорамия! Тезтар љумб! Ним рўз гузашт. Хобат бурд, чї бало?
Креонт. Шояд ба вай кам пул додї?
Антиох. Кам мебуд, ин ќадар бисёр наменишаст.
Аз бочка Флорамия мебарояд.
Флорамия. Пулата гир, Антиох.
Креонт. Гуфтам-ку кам додї.
Флорамия. Пул – занљирест, ки љањонро печондааст. Љилои тилло чашми моро хира карда, намегузорад, ки офтобу ситорањоро бинем. Љирингоси тангањо гўши моро кар карда, намегузорад хониши булбулу шир-шири љўйборро шунавем…
Антиох. Инашро њам девона кард.
Креонт. Бало зад. Кори мо тамом.
Антиох (дод мезанад). Памфила! Милена!
Аз хона тозон Памфила ва Милена мебарояд.
Њарду. Чї шуд?
Антиох. Ба фикрам, акнун ду касро аз бочка баровардан лозим мешавад.
Памфила (ба Флорамия мечаспад). Ку, дафъ шав, беваи бењаё!
Флорамия. Бењуда дод назан, «эй зан»! Њатто чиликамро нарасондам.
Памфила. Набошад, ним рўз номаъќул кардї?
Флорамия. Њикматњояшро шунидам. Њама мардони то имрўз дидаам як хел буданд: баробари дидани ман аввал дањонашон воз мешуд, баъд дањони њамёнашон. Диоген бошад, ба ман дари љањонро боз кард. Ту зани хушбахттаринї, Памфила! Андак аз бахти худ ба ман дењ – боз лањзае монам. Не, на дар бочка, ман лоиќи ин шарафи бузург нестам. Омодаам дар сагхона зиндагї кунам, танњо ба хотири он, ки дар бари ў бошам, овози ўро шунавам, аз як њаво бо ў нафас кашам…
Памфила. Э, чї ин ќадар ба вай часпидї? Љавон-букќањо бароят каманд?
Флорамия. Дар чашми љавонон оташ аст, дар чашми ў зиё. Нури њаќ.
Диоген. Рухсат бидењ, бимонад, Памфила. Албатта, ў фаришта нест. Вале каси бе камбудї маъмулан шарофате надорад. Ин зан мехоњад њаёти худро дигар кунад.
Памфила. Њаёти маро њам! Гум шав, аз ин љо!
Креонт (гўшакї карда). Монаш истад. Муњимаш – шўят барояд.
Памфила (ба Флорамия). Майлат. Ба сагхона даро! (Ба Диоген). Ба шарте ки ту њамроњи мо ба хонаи архонт меравї.
Диоген. Чашми дили Флорамия дар як лањза боз шуд, вале ту як умр бо манию боз чашмат кўр монд. Ин берун аз идрок аст.
Милена. Падар, мефањмам, ки фикри бузург гоњ-гоњ меояд, вале ба шавњар низ њар рўз намебароянд.
Креонт. Тўй, ки гузашт, боз биё, њатто хоњї, ба даруни ќиф даро.
Милена. Рост мегўяд, падар. Андаке сабр бикун.
Диоген. Сабр, то занљири ман заррин шавад? Дар он сурат онро Зевс њам канда наметавонад. Вале ман одами хокиям. Бубахш, Милена. Дигар хел буда наметавонам, дар акси њол худат ба ман нафрат мекардї, сустии маро намебахшидї.
Флорамия. Чї инсоне! Чї инсон! Шумо мехостед ба ман пул дињед?! Не, ман бояд ба шумо пул дињам! Дидани инсоне, ки ба ў ѓайри бочкаи сўрох њељ чиз даркор нест, баробар аст бо дидани барф дар биёбони араб. Њазорњо каси содда ба Юнон меоянд, ки ба ѓори Циклопи якчашма назар кунанд, сангеро як бор доранд, ки Сизиф онро тела медод! Аммо намедонанд, ки дар Синоп муъљизаи нестандарљањон дорем!
Антиох. Аблањњое мисли ту зиёданд.
Креонт (дар андеша). Ў чандон аблањ нест.
Флорамия. Хайр, Диоген. Хуш бош,
Диоген. Ту њам маро тарк мекунї?
Флорамия. Ман зуд бармегардам. Давида ба майдони бозор мераваму њарчї дар хона ва дар танам њаст, ба мардум медињам. Танњо чизи лозимиро мемонам, њама чизи зиёдатиро мекашам. (Давида меравад).
Антиох (аз ќафояш). Боз чиро кашиданат мумкин?
Диоген. Туро интизор хоњам шуд, Флорамия. Оташ хомўш намешавад, агар аз он шамъи дигар низ оташ гирад. Зудтар баргард. (Сарпўши бочкаро мепўшонад).
Памфила. Њозир ин бочкаро реза-реза мекунам.
Дорида. Вай ба дигараш медарояд.
Памфила. Дигарашро њам мешиканам. Бало занад, архонт розигї надињад, арўсу домодро барои никоњ ба маъбади Гименея роњ намедињанд!
Милена. Бигузор. Аќди никоњи Гименея њам занљир аст, бе он зистан мумкин.
Антиох. Бе занљир мумкин, аммо бе волидон мушкил.
Милена. Хомўш, савдогар.
Креонт. Афсўс, ки ў њаќ. Бе ёрии падар таъминот њатто ба Геракл душвор.
Милена. Тарсидї? Геракл 12 ќањрамонї кард, ту якта њам не. Тарсончак!
Памфила. Милена…
Милена. Ин љо наист, давида, пеши дадаљонат рав!
Креонт. Зарурат намонд: худаш меояд.
Дартоз Фемистокл меояд.
Фемистокл. Кадом аблањ он фоњишаро ба ин љо роњ дод? Аз девонаи шумо тамоми Синоп хабардор шуд.
Дорида. Шармандагї.
Фемистокл. Креонт, назди сарсудя ва хазинабон даву гўй, ки аз фикри зангирї гаштї. Зуд рав, ки аз байни тўдаи одам гузашта наметавонї. Ман дар назди дарвоза посбон мондам. Вале посбон њам одам: мехоњад одами машњуртарин, муъљизаи њаштуми дунёро бинад – Флорамия ўро њамин тавр муаррифї кардааст.
Креонт. Дар назди дарвоза одами зиёд љамъ шудааст?
Фемистокл. Гуфтам - ку, тамоми ањолии шањри Синоп.
Креонт. Падар, Суќротро ба ёд ор: «Афлотун дўсти ман, аммо њакиќат авло».
Фемистокл. Суќрот чї дахл дорад?
Креонт. Ту падари ман, вале имрўз бароям ишќ авлотар.
Антиох. Инаш њам девона шуд!
Фемистокл. Ихтиёрат. Вале дон, як дирњам намегирї. Бе пул мактабро хатм намекунї!
Креонт. Аз ин пас ана ин – муаллими ман. Ана ин – зани ман!
Фемистокл. Ѓайриќонунї. Аз ин пас дари хонаи ман ба њамаатон абадї баста!
Антиох. Дари ќарзи ман њам! Хитонњоро кашед. (Хитонњоро мебарад).
Милена. Мебахшї, Креонт. Ман туро тарсу гуфтам, вале ту ќањрамон будаї.
Дорида. Ду ќањрамон дар як хона зиёд нест? Бо чї сер мекунем?
Памфила. Имрўз бо гўшти ѓунољин. Хайрият, ки Антиох онро фаромўш кард.
Дорида. Вале пагоњ чї?
Креонт. Чаро дар оилаи файласуф назар танг аст? На аз пагоњ, аз оянда фикр мебояд! Ваќте њама аз ашё даст мекашанд, њама ба чизњои зиёд соњиб хоњанд шуд!
Дорида. Кай он рўз мерасад?
Креонт. Њамааш аз мо вобаста – аз Дорида, Памфила, аз ману ту, Милена. Чї ќадар бештар юнонињо туро бинанд, Диоген, њамон ќадар тезтар он рўз мерасад.
Диоген. Чї тавр онњо маро мебинанд, ваќте падари ту дарвозаро бастааст?
Креонт. Худаш гуфт-ку: посбонњо низ одаманд. Ман дили онњоро меёбам. (Дартоз меравад).
Диоген (аз паси ў). Аввал ба Флорамия роњ дињанд!
Памфила. Уфф…
Намоиши 4.
Шуоъи ѓуруби хуршед њавлиро равшан мекунад. Чизе таѓйир наёфтааст. Танњо бочкаро бо банди байни сутунњо људо карда, навиштаљоте задаанд: «Бо даст наќапед! Дар пешсањна Креонт пасупеш ќадам мезанад. Ба ањли толор мурољиат мекунад.
Креонт. Юнонињои бошараф, сокинони Синоп ва атрофи он! Ин аст хонаи фйласуф Диоген. Оре, оре, сањв накардам. Ин бочка хонаи ўст. Як њафта пеш савганд хўрд, ки то охири умр аз он берун нахоњад шуд. Аниќтараш, то замони љовид шудан. Ба ман бовар кунед, юнонињо, одаме, ки њама шодии љањон барояш хор шуд, њатто аз оила даст кашид, то ба инсоният намуна шавад, шоистаи љовидонист. Аз бочка дур истед, ба он даст нарасонед. Як кас барои хотира як пора канад, дуюм кас… - Аз бочка – аз хонаи файласуф чї мемонад? Дар тарафи чап хонаи собиќи Диоген, болои дараш чароѓест, ки бо он тамоми Юнонро гашта, инсон мељуст. Акнун инсонњо ўро мељўянд. Дар як њафта ба ин љо се њазор одам омад, кўдакон бењисоб. Бачаатонро гиред, чароѓ бозича не, њаќиќї, ба сараш афтад, дигар ба касе гуфта наметавонад, ки Диогенро дида буд. Акнун ба ин дарахти зоњиран оддї нигаред: Дар сўрохии тани он файласуф дар љустуљўи њаќиќат аз зани дўстдораш пинњон мешуд... Дар ин сагхона бошад, аз хушдоманаш. Чаро ба хоначаи саг даромадед? Он љо саг нест. Диоген хўри саг наёфта, сагаш Гекторро аз занљир људо кард. Ин аввалин занљире буд, ки Диоген онро канд. Акнун ман сарпўши бочкаро мекушоям ва шумо мардеро мебинед, ки шањри Синоп ва тамоми Юнонро машњури љањон кард!
Назди бочка рафта сарпўши онро мебардорад. Садои хурраккашии Диоген.
Креонт. Дар пеши чашмаш давоми рўз њазорњо кас милтас мезананд. Барои њамин чашмонаш то шом худ аз худ пўшида мешаванд. Инро мебахшем – зеро одами наљиб на он аст, ки айб надорад, балки он аст, ки наљобат дорад! Шумо шоњид, ки ў дорад. Ана дар ин хусус ба шиносу ношинос ќисса кунед. Мо онњоро бетоќатона интизор мешавем, вале акнун… Њоло ба хонањоямон меравем ва симои абадзиндаи файласуфро бо худ мебарем! Ман «симо» гуфтам, на сарпўши бочка...
Нафас рост карда, араќи пешониашро бо даст молида пок мекунад.
Милена меояд.
Милена. Монда шудї?
Креонт. Саг барин. Аз сањар дар сари по. Нобуди пой, забонам гирифт.
Милена. Шин, дам гир. Ман дар барат мешинам… Креонт, сањар гуфтанї шудам, вале дар хоби ширин будї, дилам нашуд. Баъд мардуми зиёд омаду...
Креонт. Ист, ягон кас дар сўрохии дарахт пинњон нашуда бошад. (Меравад).
Милена. Барои чї пинњон мешудаанд?
Креонт. Фањманд, ки аз бочка мебарояд, ё не. Зиёро дар риёкорї муттањам кардан – барои дурўѓгўй хушбахтист … Не, Њељ кас нест… Хайр, чї гуфтан мехостї?
Милена. Шин.
Креонт. Њозир, давида посбонњоро мебинаму бармегардам.
Милена. Чаро ин ќадар ба назди онњо меравї?
Креонт. Месанљам, ки дарвозаро бастанд, ё на. Охир, ба падар аќаллан шаб имкони дамгирї додан даркор. (Дартоз меравад).
Милена. Зудтар баргард! Дигар тоќат надорам… Ё ба назарам намуд… Не, ана, боз – гўё дилам аз њаракат монд. Акнун ба задан даромад. Сахттар шуд…
Дорида (аз хона). Боз чї ќадар пинњон шавем?
Милена. Бароед. Њама рафтанд.
Дорида. Хайрият. (Дод мезанад). Памфила, баро!
Аз хона Памфила мебарояд.
Памфила. Мисли кўршапарак шудем: рўзона аз одамон пинњон мешавем, шабона аз хона мебароем.
Дорида. Чаро мо бояд паси дари мањкам гардем. Ќасамро ў хўрд, ба мо чї?
Милена. Креонт фањмонд-ку: моро дар бари ў дидани мардум дуруст не. – Вай охир аз њама чиз даст кашид. Андак сабр кунед – дар Синоп њамагї панљ њазор одам, нисфаш аллакай омада рафт.
Памфила. Мо тоќат мекунем, њоли ў дар дахмаи шикоф, бо як нони хушк чї шуд?.. Наход аз ин бочкаи лаънатї аќаллан як шаб баромадан мумкин набошад?
Креонт дар даст сабад бармегардад.
Креонт. Кї ба шумо рухсат дод, ки аз хона бароед? Ман аз шумо илтиљо кардам, танњо пас аз дидани он, ки дарвоза мањкам аст, баъд бароед.
Дорида. Мебахшї, Креонт, айби худат. Диогенро чунон сифат кардї, ки њатто наздиконаш хостанд зудтар ўро бинанд.
Креонт. Хуб, биёед, шом хўрем. Посбонњо аз таъому шароби худашон доданд.
Милена. Боз доданд? Бе онњо чї кор мекардем?
Памфила. Худо ба онњо мењрубон бошад барои дили некашон.
Дорида (бўида). Ва барои љигарбирёни ќоз. Аз дўкони Антиох харида бошанд?
Креонт. Антиох дўконашро баста, дар шањр гашта, худситої мекунад, ки бењтарин фарзанди Синопро ў аз гуруснагї наљот дод. Пасфардо интихобот, ў мехоњад архонт шавад.
Памфила. Дарвоќеъ, «бењтарин фарзанди Синоп» ду рўз боз гушна. (Сарпўши бочкаро кушода). Диоген, ягон чиз хўр. Бедор шав. Бедор шав, мегўям.
Диоген (аз бочка). Чаро бедор кардї? Як хоби зебо медидам…
Дорида. Агар дар хобат боз Флорамия бошад, ба хоби абадї меравї.
Креонт. Ором шав, Памфила. (Ба Диоген). Падар, бењуда ўро интизор нашав. Ў дигар намеояд. Гузаштаи торикаш ба вай аз ояндаи дурахшон наздиктар аст.
Диоген. Бовар намекунам. Не! Ман чашмони ўро дидам! Ў маро фиреб дода наметавонад. Худат шунидї, ки мехост њама дороияшро ба камбаѓалон дињад.
Креонт. Он ќадар доро нест, ки як њафта тоќат кунад. Нон гир, Диоген. Бе равѓан, бе равѓан ва бе намак, тавре худат мехостї.
Дорида. Аз кї метарсї? Даровозањо аллакай мањкам.
Креонт. Бањр чї? Ба вай ќулф зада намешавад.
М илена. Кї љасорат карда шаб шино мекунад? Бањр пур аз нањанг!
Креонт. Одамонро намедонї. Сохтани бут ва баъд беэъибор кардани он – шуѓли дўстдоштаашон. Нањанг одамро мехўрад, одамон њамдигарро! Рафтем.
Ба хона медароянд.
Сарпўш бардошта шуда, каллаи Диогнен намудор мегардад.
Диоген. Нон њам аз гулўям намегузарад. Як њафта шуд, ки ин љо мешинам, вале ягон чиз таѓйир наёфт. Њаќиќат ба ман барваќттар аён нашуда бошад? Вай ба инсоният лозим аст? Шояд Креонт њаќ бошад, ки бори гузаштааш ба инсон вазнин аст? Вай мисли санги Сизиф, намегузорад боло бароем, фаќат ба поён тела медињад… Вале об ќатра-ќатра сангро сўрох кунад. Чунин ќатра метавонист Флорамия шавад, нахустин ќатрае, ки ба инсонњо зарур аст… Ман бояд баромада, њоли ўро фањмам. (Аз бочка мебарояд). Бубахшед, эзадон, ки савгандамро мешиканам, вале ѓайри шумо њељ кас аз ин огоњ намешавад – то субњ бамегардам.
(Садои раъд).
Ќањр накун, Зевс, ман аз дарвоза – аз байни одамон намебароям, аз бањр шино карда мегузарам.
(Равшании барќ).
Ташаккур, ки роњи маро равшан кардї!
Сарпўши бочкаро мањкам карда, давида меравад. Дар торикї садои баланди шалаппосзании об шунида мешавад. Аз хона Креонт мебарояд. Мебинад, ки касе нест, аз сўрохии дарахт халтаро мегирад, аз баѓалаш халтачаи сафёнї бароварда, тангањои онро ба халта рехта, дубора дар сўрохї пинњон мекунад. Аз хона Милена мебарояд.
Милена. Креонт! Креонт. Куљої?
Креонт. Дар ин љоям. Инља биё.
Милена. Дар он љо чї кор мекунї?
Креонт. Пеш аз хоб сўрохии дарахтро мебинам.
Милена. Имшаб ту хоб намеравї, љонакам. Мисли шаби аввал…
Креонт. Он шаб болои сарамон ситора буд, њоло абр, борон сар мешавад.
Милена. Аз борон метарсї? Ёд дорї, ба сарамон модар як таѓора об рехта буд?
Креонт. Он ваќт тобистон буд, њоло тирамоњ,
Милена. Дар тирамоњ мева мепазад.
Креонт. Мева ба ин чї дахл дорад?
Милена. Креонт, мо соњиби кўдак мешавем!
Креонт. Милена, љонакам… (Оѓўш мекунад).
Милена. Оњистатар. Як моњ боз ман як хоб мебинам: барои об ба љўй мераваму аз пешам оњу мебарояд. Яъне, писар мешавад.
Креонт. Писар! Давомдињандаи авлод!
Милена. Не, вай бе насабу авлод мешавад, њоло таваллуд нашуда, зиндаятим мешавад. То даме ки Фемистокл никоњи моро эътироф накунад, падараш нест,! Ў то даме эътироф намекунад, ки падари ман аз ин бочка набарояд. Биё, бедораш кунем. Коре, ки барои духтараш накард, шояд ба хотири наберааш кунад?
Креонт. Исто… Ту њоло фаќат аз манфиати худат андеша мекунї. Ў мудофеъи манофеъи тамоми инсоният аст. Медонї, паси дароза чї ќадар одам љамъ шудааст? Њисобашон гум. Ба хотири онњо ў аз њама неъматњо даст кашид, ман њам аз бисёр чизњо: ёрии падар, мансаби нотиќї… Милена, ягон фикр мекунем, њоло ваќт бисёр.
Аз хона Памфила мебарояд.
Памфила. Бачањо, куљо шудед? Њама љигарро бибиятон мехўрад.
Креонт. Рафтем. (Миленаро мебарад).
Аз дур рўшної пайдо гашта, равшантар мешавад, Фемистокл дар даст чароѓ меояд, њавлиро бо нури чароѓ аз назар гузаронда, назди бочка меояд. Таќ-таќ мекунад.
Фемистокл. Диоген! Ин манам, Фемистокл. Як лањза баро… Намехоњї? Хайр, дили маро шунав, агар одама худо задан хоњад, аввал аќлашро мегирифтааст. Бале, бале. Фаќат аќлгумкарда метавонист туро «аз аќл бегона» гўяд!
Дари хона ѓиљирроскунон кушода мешавад. Фемистокл чароѓро пуф карда кушта, паси бочка пинњон мешавад. Аз хона Милена дар даст кўза мебарояд.
Милена. Падар, об овардам… Хоб аст. Хайр, пагоњ меорам. (Обро мепошад).
Фемистокл. Вой!
Милена. Вий! Кист ин љо.
Фемистокл. Натарс, манам, Фемистокл.
Милена. Ин љо чї кор мекунї?
Фемистокл. Омадам, ки бо падарат гуфтугў кунам, вале ў хоб аст.
Милена. Пагоњ сањарї биё.
Фемистокл. Пагоњ дер мешавад.
Милена. Чї шуд, ки…
Фемистокл. Он савдогари њаќир Антиох номзадии худро ба вазифаи архонт гузошт. Бист сол боз пайваста маро интихоб мекарданд. Акнун ўро. Албатта, охир танњо вай ба Диоген ќарз медод. Ба ман аз вазифаи архонт мондан – ба марг баробар аст. Охир ман њељ корро намедонам, танњо идора карданро медонам. Антиох агар бой дињад, метавонад ба дўкон баргардад, вале ман куљо равам?
Милена. Падари ман ба ту чї ёрї дода метавонад?
Фемистокл. Пагоњ сањарї ман як бочкаи аз ин сершикофтарро ѓелонда меораму дар он мешинам. Фаќат як рўз. Ваќте мардум омада, маро дар бари Диоген мебинанд, фикр мекунанд, ки ба ман њам њељ чиз даркор нест. Мансабдоре, ки барояш њељ чиз даркор нест – орзуи интихобкунандагон аст!
Милена. Хушбахтона, падарам хоб асту туро намешунавад. Бирав. Худи њозир бирав. Зудтар. Набошад, Креонтро љеѓ мезанам.
Фемистокл. То охир гўш накардї. Пагоњ, ваќте одамон љамъ мешаванд, ман аз бочка сар бароварда ба издивољи шумо рухсат медињам. Фарзандони ту бе насабу авлод намемонанд. Ана, акнун њамаашро шунидї, ва ман метавонам равам.
Милена. Сабр кун… дар бораи кўдак аз куљо фањмидї? Дар ин хусус танњо ба Креонт гуфта будам.
Фемистокл. Пас, ба наздикї ман бобо мешавам! Бо набераам дар лаби бањр гўшмоњї љамъ мекунем! њамроњ дар аспаки чўбин метозем! шабњо афсона мегўем!
Милена. Исто, имкон дењ, фикр кунам.
Фемистокл. Чї љои фикр? Ба хотири набера, як бобо назди дуюмаш мешинад.
Милена. Фаќат як рўз?!
Фемистокл. Ту «як рўз» нагў ва фарзандат як умр аз ту миннатдор шавад.
Милена. Вале падар ва шавњарам нафрин кунанд?
Фемистокл. Ба писари ѓайриќонунї њама нафрат мекунанд… Њаќиќати талх њамин аст… Ман рафта бочкаамро ѓелонда меорам. (Меравад).
Милена. Маро бубахшед, эзадон, ман занам, аз њама надик ба зан фарзанд аст. (Дод мезанад). Падарљон, бедор шав. Мехоњам бо як хабар туро шод кунам: Пайрави ту пайдо шуд! Сањар, ваќте бедор мешавї, дар бари бочкаат бочкаи дигарро мебинї. Маро мешунавї, падарљон? … (Сарпўши бочкаро кушода, шах мешавад, бо њоли парешон дод мезанад). Модар! Бибї! Креонт! Инља биёед, зудтар!
Памфила, Дорида, Креонт тозон меоянд.
Њама. Ба ту чї шуд!?
Милена. Ў нест! Бочка холї!
Креонт. Ба сагхона надаромада бошад? (Хоначаи сагро мебинад). Холї.
Милена. Вай дар сўрохии дарахт! (Тарафи дарахт меравад).
Креонт. Сабр кун, ман худам… (Ба дарахт мебарояд). Ин љо њам нест.
Дорида. Шояд барои ѓусл рафта бошад? Чї ќадар дар бочка араќ карда нишастан мумкин? (Тозон меравад ва бармегардад). Худди худаш. Ин пирањану шиппаки ў. Як ѓўта мезанаду меояд.
Милена. Сад бор ѓўта зада омадан мумкин буд. Охир ба бочка ман нав назар кардам, вале ў кайњо боз нест.
Памфила. Ё худољон, ўро нањангњо хўрданд!
Дорида. Ором шав – куљои он ќоќро мехўранд? Вай ѓарќ шудааст!
Милена. Афсона нахон, бибї. Торик аст, соњилро намеёбад. Падар!
Креонт. Ин љо не, дар димоѓаи бањр дод задан даркор. Маљро он љо мебарад.
Њама давида мераванд. Пинњонї Антиох меояд.
Антиох. Диоген! Диоген! (Пирањану шиппакро мебинад). Воњ, аз курта њам даст кашида, луччак мешинї!? Ин манам, Антиох. Умед мекунам, аз шуњрат маст нашудаї ва ёд дорї касеро, ки туро то ин рўз зинда расонд. Рухсат дењ ман њам дар шуоъи шуњрати ту гарм шавам, аќаллан як рўз дар шафати ту бишинам… Сукут аломати ризо? Бовар доштам, ки рад намекунї. (Меравад).
Дорида ва Милена аз дасти Памфилаи гирён дошта меоранд.
Памфила. Ѓарќ шуд! Ѓарќ шуд! (Ба Креонт). Њамааш аз боиси ту. Чаро мо дар хона пинњон шудем? Бояд дар бараш нишаста, чун гавњараки чашм эњтиёт мекардем.
Дорида (пирањану шиппакро дошта). Одам буд, дигар нест. Чї хел одам буд?! Њељ чиз намехўрд, њељ чиз наменўшид, ѓайри об! Ин хелаша дигар аз куљо меёбї?
Креонт. Бо нола ўро зинда карда наметавонем. Бењтараш дар бораи худамон фикр кунем. Бояд то сањар, то омадани мардум аз ин љо равем. Одамон то сањар дар назди дарвоза навбат мепоянд, ки бути худро бинанд, вале мо ба онњо чиро нишон медињем? Шиппаку пирањанашро? Онњо моро лахта-лахта мекунанд!
Аз љониби бањр Диоген меояд. Об аз тани ў мешорад.
Памфила. Ман ба њељ куљо намеравам. То љасади ўро ба соњил партофтани бањр сабр мекунам! Ман бояд шавњарамро гўронам!
Диоген. Маро барваќт мегўронї, Памфила!...
Памфила. Диоген!?
Милена. Падар, ту зиндаї!?
Диоген. Бењтараш, мемурдам. Модом, ки эзадон маро зинда гузоштанд, њадафе њаст. Дорида, љигарбирёнатро биёр. Креонт, шароби посбонњо додаро биёр.
Креонт. Ба ту чї шуд, Диоген!?
Диоген. Ту њаќ будї, Креонт. Ман ўро бењуда интизор шудам.
Памфила. Разил! Ту ба назди Флорамия рафта будї?
Креонт. Туро ягон кас дид?
Диоген. Кї мебинад? Тамоми шањри Синоп хоб буд. Танњо дар хонаи ў чароѓ фурўзон буд ва садоњои мастона меомад… Намедонам, барои дар бозгашт шино кардан аз куљо нерў пайдо кардам…
Памфила (пироњанашро дода). Пўш, тамоми баданат меларзад.
Креонт. Ва даруни бочка даро. Ба зудї субњ медамад.
Диоген. Не. Дигар дар бочка намешинам. Намехоњам ба таърих чун соддае бо њадафи номуайян ворид шавам. Хубаш, дар хонаи дорое паси миз бо савлат нишаста, соњибашро бо андазрњо шод мекунам. Албатта, билоивази пул. Баъд мисли Антиох дўкон мекушоям ва ќоз мефурўшам. Турнаро дар осмон бигузор дигарон доранд!
Креонт. Ва ин суханро падари руњонии ман мегўяд?! Аз боиси як фоњиша ба инсон бовар намекунад?! Хаста шудї, Диоген. Мефањмам: чорќат шуда, дар зери офтоб нишастан ба ман њам зўр меояд. Мехоњї, ба посбонњо гўям, ки ту бемор шудї, пагоњ ба ягон кас роњ надињанд?
Памфила. Имшабро дар бистари ман рўз мекунї, Диоген. Рафтем.
Милена. Не, ў бояд дар бочка бишинад...
Диоген. Як њафта зорї кардї, ки аз он бароям. Ба духтарљони ман ту чї шуд?
Милена. Он чї, ки интизораш будї: пайрави ту пайдо шуд Ў кадом як фоњиша не, худи архонти шањри Синоп аст!
Креонт. Падари ман? Њељ имкон надорад.
Диоген. Ту сањв накардї, духтарам?
Милена. Нав омада буд. Пагоњ як бочкаи серсўрох оварда, дар бари ту мешинад.
Диоген. Бовар намекунам!
Милена. Падар, ягон ваќт ман фиреб додам? Дар бочка бишин.
Креонт. Бишин, бишин. (Ўро ба бочка тела медињад).
Дорида. Монед, аќаллан хушк шавад. Таб карданаш мумкин.
Диоген. Ѓам нахўр, Дорида, дигар аз мурдан њам тарс надорам. Љойи маро архонт мегирад.
Памфила. Бењтараш, ту љойи ўро мегирифтї.
Креонт (сарпўши бочкаро пўшонда). Далер бош, Памфила. Бар ивазаш вай ба таърих медарояд. Ва дар бари номи ў номи туро њам такрор мекунанд.
Памфила. Мехоњам на дар бари номаш, балки дар бари худи ў бошам. (Бо такя ба Дорида ба хона медарояд)
Креонт (ба Милена, паст). Медонистам, ки ту зеботарин зани Синоп њастї, вале боаќлтарин буданатро… Падари маро аљоиб бофтї.
Милена. Њељ чизро набофтам. Ба писарам савганд, ки ў сањарї меояд…
Креонт. Набошад, пагоњ дар ин љо ќиёмат мешавад. Ба падари ту аз амвол даст кашидан осон – чизе надошт, вале падари ман… Ба дидани ў тамоми Юнон меояд. Њоло хоб мекунем. Пагоњ рўзи вазнин мешавад.
Милена. Барои ман имрўз вазнин буд.
Креонт. Хап… Шунидї?
Милена. Чиро?
Креонт. Шохчае шитир-шитир мекунад.
Милена. Фаќат ба назарат чунин мерасад.
Креонт. Ба њар њол, як мебинам. Ту хоб кун, њозир меоям.
Милена ба хона медарояд. Креонт паси дарахт пинњон мешавад. Флорамия дар либоси љанда ва бо мўйи парешон меояд.
Креонт. Флорамия?!
Диоген (сарпўши бочкаро кушода партофта). Бо чї љуръате омадї, эй њаќиртарин махлуќ! Аз назарам гум шав. Аз боиси ту савгандамро дар назди эзадон шикастам. Аз бањри дамони пур аз нањанг шино карда, ба хонаи ту рафтам ва чї дидам!? Айши мастона! Дар хонаат кї буд?
Флорамия. Аскарњо! Он љо акнун аскархона. Ман дигар хона надорам! ѓайри њамин љанда њељ чиз надорам.
Диоген. Пас, дар куљо будї? Чаро пеши ман наомадї?
Флорамия. Маро чун дайдуи бе хона ба мањбас партофтанд. Њамин шаб як бало карда баромадаму ин љо давидам. Хайрият, шонаам монда будааст: онро ба посбонњо додаму ба ман роњ доданд.
Креонт. Афсона нахон. Барои як шонача дарвозаро намекушоянд.
Флорамия. Шонача не – шонаи калони сангпуштии алмосдор. Ягона чизе, ки ба худам нигоњ доштам, чунки њадяи модарам буд.
Креонт. Муттањамњо! Аз кўдаки бечора њадяи модарашро кашида гирифтанд! Афти вай посбон чї хел буд?
Флорамия. Риши зард дошт.
Креонт. Ман инро њамин тавр намемонам! (Дартоз меравад).
Диоген. Маро бубахш, Флорамия! Ба файласуфњо шинохти одам душвортар аз худи фалсафа. Аз шона ѓам нахўр: мўйњоят ба китфат афтода, зеботар шудї.
Флорамия. Дигар њељ ваќт мўямро намебандам.
Диоген. Ман дар хулоса шитоб намекунам. Наздик буд инсонеро биёзорам, ки нахустин шуда ба ман бовар кард ва гаронтарин чизи худро бахшид.
Флорамия. Чизи ќиматтаринамро ба худам нигоњ доштам.
Диоген. Чиро?
Флорамия. Ишќро. Ё ин занљирро њам кандан даркор?
Диоген. Э, не. Ишќ чизест, ки замин болои он устувор меистад, на дар болои се нањанг, ки Геродот мегуфт… Ва он марди хушбахт кист?
Флорамия. Пай намебарї? Худат, Диоген.
Диоген. Ба худ ой, Флорамия! Ман ду баробар аз ту калон!
Флорамия. Ва ду баробар содда: ваќте дўст медоранд, сол не, моњ не, даќиќа не, танњо лањзаи ба висол расиданро мепурсанд.
Диоген. Вале ман зан дорам.
Флорамия. Њама доранд.
Диоген. Ман ўро дўст медорам. Ў мисли ту хушрў не, аммо дилаш зебо.
Флорамия. Ту гузаштаи маро фаромўш карда наметавонї.
Диоген. Не, гузаштаи худамро: сї сол пеш ман ба ин шањр омадам. Фикрњо дар сари ман нисбат ба имрўз камтар буданд. Ман фаќат чароѓ доштам, Памфила як номзади доро. Бо вуљуди ин, ў маро интихоб кард ва сї сол маро напартофт, њарчанд мефањмид, ки ѓайри ин чароѓ ягон чиз њаёти ўро равшан намекунад. Флорамия, шумо ягон ваќт андеша кардед, ки фалсафа чї маъно дорад?
Флорамия. То дидани ту дар ин бора ягон бор фикр накардаам.
Диоген. Дон, фалсафа – њикматдўстї, ишќи хирад аст. Ин ишќ барои фањмиши љањон ёрї медињад. Вале танњо њикмати ишќ барои зистан ба мо мадад мерасонад. Равшан њарф мезанам? Њамаашро фањмидї? Хоњї, такрор мекунам.
Флорамия. Фањмо? Вакте зан ишќ мефурўшад, харидораш зиёд, вале худро бе пул бахшад, њељ кас намегирад. Ба ман њељ чиз даркор нест. Њастии ту ба ман кофї.
Креонт бармегардад.
Креонт. Гурехт, нобакор! Албатта, соњиби шонаи алмосдор шуда, чаро кор кунад? – хубаш, дўкон мекушояд. Флорамия, ба ягон каси дигар ѓайри ту роњ дод?
Флорамия. Не.
Креонт. Ба њар њол, тафтиш мекунем. (Ба дарахт мебарояд). Њељ кас нест. Флорамия, бисёр лаќќида ўро хаста накун. Набошад, сањар бедор карданаш душвор мешавад. Дарвоќеъ, дар куљо хоб мекунї?
Флорамия. Дар назди бочка.
Диоген. Њозир борон меборад.
Флорамия. Набошад, дар хоначаи саг.
Креонт. Дар сагхона мумкин не. Вай акнун экспонат – нигора. Ёфтам. Ваќте ки Диогенро мекофтем, дар лаби бањр як бочка дидам. Маљрои бањр овардааст. Дар он мисли Диоген зиндагї мекунї. Агар падарам њам ояд, пагоњ се бочка мешавад. Се намунаи зинда! Дар назди дарвоза на аз шом – як сањар пеш навбат мегиранд. (Дартоз меравад).
Флорамия. Наход, ки архонт дар бари ту шинад?
Диоген. Дар њайрати њаминам. Борон сар шуд… Тар мешавї. Ба бочка даро.
Флорамия ба бочка медарояд. Борон, раъду барќ. Аз хона Памфила мебарояд.
Памфила. Диоген тамоман тар мешавад. (Фарёд мекунад). Диоген, хона даро. Чаро хомўшї? Медонам, ба худо ќасам хўрдаї, вале имрўз ба хотири як беваи танфурўш онро шикастї. Барои ман њам як бор шикан – охир, бемор шавї, туро ман муолиља мекунам. Баро, сел меборад!
Диоген (аз бочка). Њељ гап не. «Борони гургакон», зуд мемонад.
Памфила. Чї хел «гургакон»? Вай дар тобистон, дар пеши офтоб мешавад. (Сарпўшро мекушояд). Ана чи хел гургак?! Оњ, ту нобакори пир.
Диоген. Гўш дењ, Памфила, њозир мефањмонам.
Памфила. Њељ чиро шунидан намехоњам! Дорида! Милена!
Аз Хона Дорида ва Милена дартоз мебароянд.
Дорида. Чї шуд?
Памфила. Ба ин зоњид нигаред, дар бочка бо кї шиштааст? Бо фоњиша Флорамия!
Диоген. Ин хел нагў. Ў гуноњ надорад, ба посбон чизи охирин - шонаи алмосдорашро дод, ки пеши ман дарояд.
Памфила. Хайр, омад. Вале чаро ба бочка даромад?
Диоген. Аз барои борон. Њозир Креонт боз як бочкаро ѓелонда меорад ва дар бари ман мешинад.
Памфила. Дар бари ту ман мешинам!
Диоген. Флорамия, ба сўрохии дарахт даро. Вай аз ин љо ягон камї надорад. дар борон хушк аст, дар гармо салќин.
Флорамия. Хуб. (Ба дарахт мебарояд).
Диоген. Хуш, чї хел?
Флорамия. Бањрро то худи уфуќ мебинам, муњимаш, туро, Диоген.
Памфила. Худи пагоњ ин дарахтро арра мекунам.
Фемистокл пойлуч, дар тан љанда, як бочкаро ѓелонда меорад.
Фемистокл. Дуруд, мутафаккир! Ту ба хонаи ман наомадї, ман ба назди ту омадам.
Диоген. Ба чанд муддат?
Фемистокл. Доимї. Магар ту ба вай нагуфтї, Милена?
Милена. Гуфтам.
Фемистокл. Бочкаро дар куљо монам? Аз тарафи чап, ё рости ту?
Антиохи дар тан љанда, бочкаеро пеш-пешаш ѓелонда меорад.
Антиох. Аз чап ман мешинам: наздик ба дил, ки набзаш то њол ба шарофати ёрињои ман мезанад.
Фемистокл. Вале ман барваќттар омадам.
Антиох. Туро занат бедор кард. Ман аз зан њам даст кашидам!
Фемистокл. Вале ман хешаш мешавам.
Антиох. Чї хел хешї? - Келинатро эътироф накардї-ку?
Фемистокл. Имрўз эътироф мекунам.
Памфила. Хайрият! Диоген, ў бояд дар тарафи чапи ту шинад.
Дорида. Мисле, ки дар тўй мешинанд.
Диоген. Бочкањоро таги дарахт гузоред: љои шамолпаноњ. Бояд пайравонро эњтиёт кунам. Зиёд нестед: шумо ва Флорамия. Милена, ба ў ягон хел латта биёр.
Флорамия. Лозим не. Дар ин љо халта њаст.
Памфила. Боз чї хел халта?
Дорида. Ба он љо чї хел рафтааст? Ку, нишон дењ.
Флорамия халтаро мепартояд, вай бо садои љарангос меафтад.
Антиох. Фаќат тангањо чунин садо мебароранд.
Дорида (кушода, пулњоро ба даст мегирад)). Пул! Ин ќадар бисёр!
Креонт меояд, бочкаеро ѓелонда меорад.
Креонт (Фемистоклро дида). Падар, ту аллакай омадї, бо мо њастї? Антиох њам омад? Навигарии хуб.
Дорида. Боз як хабари хуш: Флорамия дар сўрохии дарахт як хазина ёфт!
Милена. Ту бошї, њар рўз ба он љо мебаромадию онро надидї.
Диоген. Ин халта чї хел ба он љо рафтааст?
Креонт. Намедонам.
Дорида. Дигар аз посбонњо таъом талбидан даркор не. Сањар ба њар кадомамон яктогї ќоз мехарам.
Диоген. Сањар њамаи онро бурда ба талбандањо медињї.
Креонт. Гузарондї. Чизи каси бегонаро чї тавр таќсим мекунї? Флорамия пули худро дод, инро мефањмам. Номи некатро доѓдор накун, Диоген. – Каси онро ба ин љо гузошта бовар дошт, ки ба Диоген њељ чиз даркор нест. (Ба Дорида). Халтаро баста, дар љояш мон.
Дорида. Мон, як бори дигар бинам. Њељ ваќт ин ќадар пули бисёрро якбора надида будам… Вий, як шонаи алмосдор њам њаст.
Флорамия. Шонаи ман.
Диоген. Ту хато накардї, Флорамия?
Флорамия. Ман онро дар байни њазор шона мешиносам. Бинед, навиштаљот дорад: «Артемида» - ин номи модари ман.
Диоген (аз бочка баромада, назди Креонт меояд). Маълум шуд, ки посбонро пайдо карда, шонаро гирифтї? (Халтаро базўр бардошта). Ин пулњоро аз кї кашида гирифтї?
Милена. Креонт, гўй, ки ин тавр нест. Чаро хомўш меистї?
Креонт. Падар, худат гуфтї, ки одамон бояд аз бањри чизи зиёдатї бароянд. Ман чунирн ќарор додам: њар кас, ки дидори туро хоњад, аз бањри 20 дирњам барояд. Аз ягон чиз сар кардан лозим, охир.
Диоген. Шармандагї. Ба дидани ман мисли тамошои ягон њайвони аљиб пул дода меомадаанд. Ман туро мекушам, Креонт!
Креонт. Ва набераи худро саѓира мекунї.
Диоген. Набераамро?
Милена. Бале, падар. Соњиби набера мешавї.
Памфила. Чї хабари хуш!
Фемистокл. Мо бобо мешавем, Диоген.
Дорида. Ман бошам – бибикалон.
Креонт. Акнун фањмидї, ба хотири кї пул ситондам? Хостам њоли писарам аз мо бењтар бошад.
Милена. Дурўѓ мегўї. Ту дар бораи писарат њамин рўз фањмидї, аммо пулњоро як њафта боз љамъ мекардї.
Антиох. Аљаб писар доштааст архонти мо! Фемистокл, ту бењуда бочкаро кашола карда овардї. Акнун ба хонаи саг дарої њам, халќ туро не, маро интихоб мекунад, маро!
Диоген. Ана, чаро ба наздам омадї, Фемистокл. Ту инро медонистї, Милена?
Милена. Ин корро ба хотири писарам кардам. Ў ваъда дод, ки никоњи моро эътироф мекунад. Маро бубахш, падар, агар тавонї.
Памфила. Бубахш ўро, Диоген.
Дорида. Аќаллан ба хотири набера.
Диоген. Аммо набераам маро мебахшад? Зиндагї чист? Араќи љабину хуни дил рехтан барои чист? Барои он, ки рўзгори фарзандон аз мо бењтар бошад? Не, бояд кўшем, ки онњо аз мо бењтар бошанд, барои њавасњои бењуда чизњои бењудаи дигаронро нарабоянд. Барои њамин дар љањон мусибату ѓам зиёд аст. Умре барои расидан ба ин њаќиќат талош кардам. Аммо њамин рўз фањмидам: њар ќадар њаќикат зебо бошаду, вале онро фурўхтану харидан мумкин бошад, аз њисоби он сарват ба даст оваранд, - одамон дигар ба њаќиќат ва на ба ифшогари он бовар намекунанд… Не, агар шуморо бахшам, наберањо маро намебахшанд. (Халтаро ба китф бардошта, ба Креонт). Аз пеши роњам дур шав.
Памфила. Куљо меравї, Диоген?
Диоген. Ба назди одамон. Ман бояд ин шармандагиро шўям, ба одамон пулњояшонро баргардонаму боварии онњоро ба њаќиќати ман.
Креонт. Кї дарвозаро ба ту мекушояд? Посбонњо фарзанд доранд. То ту инљої, кўдакон серанд: аз дањ ду дирњамашро онњо мегиранд.
Диоген. Ба шањр ба воситаи бањр меравам. Памфила, чароѓро фурўзон кун, ки роњи маро равшан кунад! (Ба соњили бањр меравад).
Милена. Падар, баргард.
Флорамия. Сарнавиштатро дубора насанљ.
Диоген. Ва инро ту мегўї? – касе, ки зарро бо љанда иваз кард? Магар аз худ гузаштан аз гузаштани бањри дамон осонтар аст?
Флорамия. Диоген, ман њам туро фиреб додам: ту барои њама фикр кардї, ман фаќат аз бахти худам. Гетера чї ќисмат дорад, ваќте синнаш аз сї гузашт? Њазор равѓани хушбўй молам, мардњо аз пеши хонаам гузашта мераванд. Вале дар пештоќи хона чунин навиштаљот бошад чї? – «Флорамия – њамсафи Диогени бузург»!
Диоген. Ммм… Аз роњам дур шав! (Меравад).
Флорамия. Дар як масъала туро фиреб надодам: мисли ту марди асилро ягон ваќт надидам ва дигар намебинам.
Дорида. Дав, Памфила, фаќат ту ўро нигоњ дошта метавонї.
Памфила. Ўро дигар ягон кас дошта наметавонад.
Фемистокл (болои бочка баромада). Баргард, Диоген! Аз нав архонт интихоб шавам, дар майдони шањр њайкали нимтанаи туро мемонам!
Аниох. Ман архонт шавам, њайкали барќади туро месозам!
Флорамия. Бас кунед! Њайкалро ба мурда мегузоранд, вале ў зинда! (Болои дарахт мебарояд). Ана, шино мекунад. Мебинам… мебинам…
Милена. Чаро хомўш шудї, Флорамия?
Флорамия. Намебинам… Дигар намебинам…
Креонт. Бо ин бори вазнин Посейдон њам ба ќаъри бањр фурў мерафт. Сї њазор дирњам тангаи мисї.
Милена. Њамааш аз барои ман! Аз боиси ман! (Ба Креонт). Лаънати худо бод ба он рўз, ки туро дидам!
Памфила. Хомўш, Милена! (Аз болои дари хона чароѓро гирифта ба Флорамия медињад). Гир, дар шохи баландтарини дарахт овез.
Флорамия. Чї даркор? Акнун чароѓ роњи киро равшан мекунад?
Памфила. Роњи моро! Бигузор дар рўи замини пур аз гуноњ чароѓи Диоген абадї фурўзон бошад!
Парда.
Свидетельство о публикации №223032700252