Нина Фамилиант Переводчик для господина Ойоро - пе
ОЙОРО ХУМУШИ ГАМЭ
(ТАРЉУМОН БАРОИ ЉАНОБИ ОЙОРО)
Мазњака
Тарљумаи Љумъа ЌУДДУС
Душанбе
2015с.
Иштироккунандагон:
Костюмпўш.
Котиба.
ХОРИЉЇ.
Тарљумон.
Дафтари корї. Марди миёнсоли фарбењ дар тан костюми расмї паси миз нишаста менависад. Дар девор таќвим, муќобили он ду курсї. Тиќ-тиќи дар.
КОСТЮМПЎШ (сар набардошта). Ња.
КОТИБА (дар даст коѓаз медарояд). Омад.
КОСТЮМПЎШ. Хуб… Танњо?
КОТИБА. Ња. Як худаш.
КОСТЮМПЎШ. Ваяш чї?
КОТИБА. Њоло нест.
КОСТЮМПЎШ. Хайр, гўед, ки интизор шавад.
КОТИБА. Мегуфтаму… чї хел ба вай фањмонам?
КОСТЮМПЎШ (сар бардошта). Чї, тамоман намефањмад?
КОТИБА. Мутлаќо русиро намедонад.
КОСТЮМПЎШ (бо ќалам ба миз кўфта). Хўш… Хўш.
КОТИБА. Шояд њозир расида меояд.
КОСТЮМПЎШ. Умед мекунем. (Ба хондан машѓул шуд).
КОТИБА (вазнашро аз як пой ба пойи дигараш партофта). Вай дар њамон љо шиштан гирад, ё… инља биёяд?
КОСТЮМПЎШ. Ман бо ў чї мекунам? Хайр, ягон илољ меёбем. Инља биёред.
КОТИБА. Хуб, Дмитрий Сергеич. (Коѓазашро меафтонад). Мебахшед, Дмиртрий Сергеич, ќоѓазро афтондам.
КОСТЮМПЎШ (норизо). Боэњтиёт бошед.
КОТИБА меравад. Марди ХОРИЉЇ медарояд.
ХОРИЉЇ (сар ба нишонаи салом љунбонда). Ойоро.
КОСТЮМПЎШ. Салом. (Даст дода, ба истиќболаш меравад). Аз дидоратон шодам. (Дасташро мефишорад)
ХОРИЉЇ (даст мефишорад; бо табаассум). Ойоро! Ойоро!
КОСТЮМПЎШ (андак гаранг шуда). Хўш… Ња, ин, ойоро ба фикрам, ба гуфти шумо «Салом» мешавад. Шумо бо забони мо чї хел, шинос њастед?
ХОРИЉЇ. Ойоро, хабари да га! (Ба сурати марди КОСТЮМПЎШ ишора карда). Айнї та?
КОСТЮМПЎШ. Айнї чї дахл дорад? Айнишинос бошед, ба Тољикистон равед. Вай як нависандаи машњури тољикон.
ХОРИЉЇ. Ойоро, хабари да га!
КОСТЮМПЎШ. Эњња, маќсадаш дигар. Мутаассифона, ягон гардак нафањмидам. Чї, русиро тамоман намефањмед? Ё шояд андак-андак… Русї – андак андак.
ХОРИЉЇ (шодона сар љунбонда). Ндио, ндио.
КОСТЮМПЎШ. Пас, мефањед? Ќанд занед. Набошад, як бало мекунем.
ХОРИЉЇ. Мзее ндио, каба да га.
КОСТЮМПЎШ. Кабки дангалї? Ё дагар? Ё не… Ба русї ин гуфтаат чї мешавад?
ХОРИЉЇ. Руцангала?
КОСТЮМПЎШ. Ња, ња… Руцангала, Руцангала. Бо Руцангала њарф мезанед?
ХОРИЉЇ (ба мънои нафањмидам китф дарњам кашида). Тамарику гэ. (Нарангушташро боло мекунад). Руцангала тамарику гэ!
КОСТЮМПЎШ. Боз инаш чї бало буд? Тамарика гуфт? – Тамара, Тамирис. Шояд номи њамон ќањрамони тољикон бошад? Ин олим-ку. Ана… (ба курсии тарафи рост ишора мекунад). Марњамат карда, шинед.
ХОРИЉЇ (бо аломати сипос сар љунбонда). Ктэри.
КОСТЮМПЎШ (хастањолона). Намеарзад.
Марди ХОРИЉЇ менишинад, ба чор тараф назар андохта, асабонї мешавад.
ХОРИЉЇ. Хумуш; бход;?
КОСТЮМПЎШ. Тарљумонро пурсиданї бошед, вай њозир меояд. Ба зу-дї.
ХОРИЉЇ (бо умед). Хауфине габарэ?
КОСТЮМПЎШ. Хавфи чї? Эњ… Муњтарам, ман забони шуморо намефањмам. Њозир вай… тарљумони аблањ меояду њамаашро маслињат мекунем.
ХОРИЉЇ (кайфаш нољўр шуда). Хумуши фине рампе! (Бо ангушт ба соаташ зада). ва терико цвана гамэ. Гамэ! Ойоро!
КОСТЮМПЎШ. Худат гамэ! Эњ, шояд ягон гапи наѓз гуфта бошад. Муњтарам, аз дасти ман чї кор меояд? Ман забони туро намедонам, ту забони маро. Пас интизор мешавем. Илољи дигар нест.
ХОРИЉЇ (ба сардор ањамият надода, бо забони худ даѓалонатар њарф мезанад). Болетце робала (сар мељунбонад), руцангала ноп, хумуши ноп (ба сари синааш мушт зада), фин; егалемэла! (ба Костюмпўш) Ойоро егалемэла?!
КОСТЮМПЎШ. Ё парвардигор. Њаќората кунад њам аз куљо мефањмї! На-ме-фањ- мам. Андерстэнд? Инглиш андерстэнд?
ХОРИЉЇ (сар мељунбонад). Ндио.
КОСТЮМПЎШ (ба нигоњи шубњанок). Не-дия гуфтї? Аниќ? Ю спик инглиш, йес? Андерстэнд йес?
ХОРИЉЇ. Ндио, ндио.
КОСТЮМПЎШ. Ња, ба шумо бовар куну ќандата зан. Ту њам аввал руцангала, руцангала, ндио, ндио гуфтию, вале баъд – капут шудї. Англиси-дониат њам шояд њамин хел! (Калима интихоб мекунад) Ин...инглиш...инглийшцангала ндио?
ХОРИЉЇ (бо ангушт ба инсон ишора карда). Тбери тэ инглишцангала – кук!
Костюмпуш (бо њайрат). Худат хук! Ё не, кук гуфт-е. Шояд ќуллуќ гуфтанї буд. (Бо табассум). Ња, кук, кук.
ХОРИЉЇ (нарангушташро нишон медињад). Тце нуане! (бо ишора гўё рад мекунад).
КОСТЮМПЎШ. Э, бало занад. Яъне, англисиро мефањмед?
ХОРИЉЇ. Ндио, ндио, инглийш. Гэкури пгэ инглишь. Инглишь м-банэ
КОСТЮМПЎШ (бо афсўс). Уф… шуморо фањмидам. Ман њам дар англисї ноу. Имкони омўхтан нашуд.
ХОРИЉЇ (сахт дар њайрат). Макетце!
КОСТЮМПЎШ. Э, очат Макетце! Худат Макетце! Њамеша бо русї корам буд мешуд. Ана, бин чандин сол боз кор мекунам. Дарвоќеъ, дар шўъба вазифаам паст не.
ХОРИЉЇ (сухани ўро бурида). Макетце ум бадэ инглишцангала нака-нака! Ари но мэ?! (шадидан савол дода ба марди КОСТЮМПЎШ наздик мешавад). Ари но мэ?!
КОСТЮМПЎШ (бетоќат шуда). Э, ба љонам расондї. Даря Михална, инља биёед. Даря Михална!
КОТИБА (дар назди дар пайдо шуда). Даъват кардед?
КОСТЮМПЎШ. Аз даъват кардана мурдем. Ин сарама гаранг кард. Чї ќадар интизор шудан мумкин?! Бо ин њол сактаи дил шудан мумкин. Ба телефони мобилиаш занг задед?
КОТИБА. Љавоб намедињад. Роњ тамба шудааст. Вай аз худи Соњили Чап меояд.
КОСТЮМПЎШ. Расо бемасъулият будааст. Медонад, ки ин бисёр муњим аст. Метавонист барваќттар аз Соњили Чапаш барояд.
ХОРИЉЇ (ба КОТИБА рў меорад). Гамэ хумуши га (бо ишора гўю телефонро ба гўшаш мебарад),. Хумуши мбагэ?
КОТИБА. А-а? Э, Дмитрий Сергеич, ин чї бало мегўяд?
КОСТЮМПЎШ (бо киноя). Чї, намефањмед? Инсон мехоњад ба таври маданї фањмад, ки вай…- тарљумон-балозанак кай расида меояд?
ХОРИЉЇ (гўё тасдиќ карда). Ндио, ндио.
КОСТЮМПЎШ. Ана, ин рафиќ мекунад тасдиќ.
КОТИБА (бо ифтихор). Оњ, Дмитрий Сергеич, шумо зўр, нобиѓа. Њамин хел забони мушкил бошад њам мефањмед!
КОСТЮМПЎШ. Ња, дар ин љо ба фањми бисёр чињо мерасї. Кор хоб аст, танњо барои як гунљишкакаи љув-љуваки сангодавак. Як паканаи бистсола моро гирди биниаш чарх мезанонад. Аллакай ду маротиба вохўриро ба ваќти дигар мондем.
КОТИБА. Худатона зиќ накунед. Вай…
КОСТЮМПЎШ. Э, биё мон! Чї хел зиќ намешавї, ки њар сония ба забони ХОРИЉЇ мияв-мияву, ке-ке-ке мегўянд!?
ХОРИЉЇ (вожаи шиносро шунида). Бре-ке-ке дари мэ хумуши?
КОСТЮМПЎШ. Ана, бинеду кайф кунед. Дар ин њол чї мешавад? Њозир мехезаду асп барин чорхез мезанад! (Нигоњи тааљљубомези котибаро дида). Фишори худамро мегўям.
КОТИБА. Ња… Барои њамин мегўям, ки ањамият надињед. Вай њозир расида меояд.
КОСТЮМПЎШ. Интизор мешавї-я! Шояд тамоман наояд!? Љавонњо маълум. Дар сарашон фаќат бод гирд мегардад. Фасонї кунанд. Шояд ба дасти ягон хушдораш афтодаасту халос шуда наметавонад!
КОТИБА. Э, не-е. Вай ягон… вай не-ку, ба њар њол, тарљумон аст…
КОСТЮМПЎШ. Э, њамаи онњо… тар-љум-мон! Инља кори давлат рост истодааст, вай бошад, туф кардагї.
ХОРИЉЇ (гўё тасдиќ карда). Ндио, ндио. Габа нэ хумуши...
КОСТЮМПЎШ (суханашро бурида). Э, аќаллан даматона гиред! Гўё ки наѓз мефањмед.
КОТИБА (бо сарзаниш). Дмитрий Сергеич, илтимос, лозим набудагист. Ором шавед.
КОСТЮМПЎШ. Ором шавед будааст! Як андеша кунед, шањри якмиллионнафара-ю забонаша фаќат як аблањча аз Соњили чап медонистааст. Ягонтаи дигараша ёфтан мумкин набуд? Ё, наѓз накофтї?
КОТИБА. Дмитрий Сергеич, ќасам мехўрам, ки њама китоби телефона занг зада пурсидам, ягон каси дигар набудааст. Забон забони камёфти нодир будааст. Њаминаш њам тасодуфан медонистааст. Њамроњи як њамсояи зарардидагон дар як донишгоњ мехондааст, худаш ташаббус нишон дод, ки ёрї мерасонад. Баъдан, худатон гуфтед, ки аз Маскав тарљумон напурсем.
КОСТЮМПЎШ. Напурсед. Худамон илољаша меёбем. Интизор мешавам вай … «калтаи љув-љуваки санговдаваки» шуморо. Ба утоќи худатон равед. Даркор шавед, љеѓ мезанам.
КОТИБА. Хуб шудааст, Дмитрий Сергеич! (мебарояд, вале баъди ду сония боз сар мехалонад). Дмитрий Сергеич, шояд аз минтаќа тарљумон дархост кунем?
КОСТЮМПЎШ. Э, не. Овозаи мо то минтаќа намерасид! Тамом. Маслињатона ба худатон монед. Бењтараш, ба вай боз занг занед!
КОТИБА сар љунбонда меравад. КОСТЮМПЎШ паси мизи худаш мешинад. Марди ХОРИЉЇ шифтро тамошо мекунад. Сипас саволомез ба марди КОСТЮМПЎШ менигарад.
КОСТЮМПЎШ (бетоќат шуда). Чї, ба ман чашм ало мекунї, мисли бало? Аз дасти ман чї меояд? Ду мардаки калон шуда, њамдигарро фањмида наметавонем. Ана гап дар куљо. Забони шумо камёфту нодир будааст. Ба дигар забон гап мезадї, мемурдї? Мисол ба немисї, ё хитої мебуд, як ќопча тарљумон меёфтем. Шукр, шањрамон калон. Вале вая чї балои каљљке задааст. (Оромтар шуда). Барои њамин, каме интизор мебояд шуд.
ХОРИЉЇ оњ мекашад. Њарду хомўш мемонанд.
ХОРИЉЇ (хомўширо бурида). Рунгала мэ хумуши...?
КОСТЮМПЎШ. Боз «хумуши»! Азизаки ман, балои љонам, дарди сари ман, «хумуши» -ат аз саракат монад. Ин чї балои азим буд? Шуморо сар дода њам наметавонам, фањмонда њам наметавонам. Мефањмед!
ХОРИЉЇ (гўё тасдиќ намуда). Ндио, ндио. Хумуши маш-номэ дери упс.
КОСТЮМПЎШ (ба таги бинии худ). Ња-да. Њамин, ки омад, рост ба дањонаш «дери упс»! Дигар чї кор мекунем? Забондони гўр шавї. (Ба ХОРИЉЇ; бо табассум). Ху-уб аст. О-фа-рин. До-но-ча. Дигархелтар карда мегуфтаму, вазифаам имкон намедињад.
ХОРИЉЇ. М-пона брегу аха босупа!
КОСТЮМПЎШ (бо ишораи тасдиќ). Бе шакку шубња. Понт нест. Рот фронт!
ХОРИЉЇ. Бэри-тэри мбане уге.
КОСТЮМПЎШ. Ба ќош не, рост ба чашмат зан!
ХОРИЉЇ. Агер-даса кар герэ ойо.
КОСТЮМПЎШ. Фаќат бе њаќорат, мо дар сари хизмат, вале кї рад мекунад?
ХОРИЉЇ. Хумуши руцангала тамэрике хауфине!
КОСТЮМПЎШ (сарро бо муштњояш дошта, бо кайфият). Ња, очаи тарљумоната… Мисли мусиќї садо медињад. Аз ин бењтар намешавад. Чї хел мегуфтї? – ндио, ндио!
ХОРИЉЇ (бо шодї сар мељунбонад). Ндио, ндио!
КОСТЮМПЎШ (гўё нохост бедор шуда). Худоё, ин хел аблањ њам мешудааст-да? Ту ба вай намефањмам мегўї, вай ба ту хумуши мегўяд. Ту ба вай камтар интизор шав мегўї, вай ба ту ваќ-ваќро аз сайёраи дигар сар мекунад, ки дар як шањри калон як кас онро намефањмад. Девона-хона аст! Э, вай авфимор дар кадом ќавр мегардад!?
Саросема КОТИБА медарояд.
КОТИБА. Шуд, шуд, шуд. Омада истодааст. Њозир расида меояд. Ба пешвозаш мешитобам. (Давида меравад).
ХОРИЉЇ. Хумуши мэри бе га?
КОСТЮМПЎШ. Ња, ња. Ндио. Омада истодааст хамушии ту. Ме-о-яд.
ХОРИЉЇ. Мтери-ктери бери арэм...
КОСТЮМПЎШ. Беаќл не барин. Фањмаш мерасад. Э, ман худам ба вай «мтери-ктери» нишон медињам (Ба марди ХОРИЉЇ). Муњтарам, ваќте ки хумуши меояд, шикамсерї гап мезанед. Вале њозир, љонакам, зунуката гир.
ХОРИЉЇ (бо ишораи даст чизеро фањмондан мехоњад). Даре васим-банэ киторэ Ойоро...
КОСТЮМПЎШ (сарашро дошта). А-а-а-а-а!!!
Шитобон тарљумон медарояд, аз ќафояш гўё ўро тела дода, КОТИБА њозир мешавад.
КОТИБА. Дароед, дароед. Дароед.
Тарљумон (бо эътироз). Илтимос, маро тела надињед. (Дар њаяљон аст, мекўшад, ки худро ба даст гирад; ба Костюмпўш). Ман Катерина Куликова. Дар тамбаи роњ дармондам. Мебахшед. Салом.
КОСТЮМПЎШ. Ња-а… Худоё, шукр. Саломат намешуд, як луќмаи хомат мекардам, чилмангўштак. (Худро базўр дошта)… Кин кот! Ндио, ндио, хумуши, бало занад!! Бе шумо ќариб девона мешудем. Аз соати 11 интизор њастем! Ин одами шумо бошад, мисли кўдаки эзмаи якрав фаќат ой-оро мегўяду май-оро!
ХОРИЉЇ (тасдиќ мекунад). Ойоро.
КОСТЮМПЎШ. Ана, боз сар кард! Њама кори мо аз дасти Ой-орои шумо хоб аст. Дарвоќеъ, аз барои шумо њам.
ТАРЉУМОН. Гуфтам-ку, мебахшед. Аз дасти ман чї меояд, ваќте ки автобусњо њамин хел суст њаракат мекунанд?
КОСТЮМПЎШ. Э, не-да. Автобусњо гуноњ надоранд, одамњо бемасъулиятанд! Аз хона барваќттар баромадан даркор! (Даст меафшонад). Хайр, бас. Кора сар мекунем. Хуб, (ба марди ХОРИЉЇ ишора карда). Ба вай барои муќаддима ягон чиз гўед. Њозир коѓаз гирам… (љилддонро кушода коѓаз мегирад).
Тарљумон (нобоварона). Хуб. (Ба ХОРИЉЇ рў оварда, суст мешавад). Ммм… Ааа…
КОСТЮМПЎШ (асабиёна). Ња, чї даматон гирифт? Дар тамбањои роњ дармонда, забона фаромўш кардед?
Тарљумон (бо эътироз). Не, фаромўш накардам. Вале чї гуфтан лозим? Шумо гап занед, ман тарљума кунам. Сардор шумо-ку. Вай, дарвоќеъ, дар ватанаш одами хеле бобрў аст. Барои њамин ба вай эњтиромонатар рафтор кунед.
КОСТЮМПЎШ. Оббо, шуморо барои маслињат додан наовардаанд. Вазифаи шумо тарљума кардан. Худам наѓз медонам, ки бо шумо чї кор кунам. Дарвоќеъ, ман баъдтар аз шумо мепурсам, ки дар бораи соњибэњтиромии вай дар ватанаш шумо аз куљо медонед? Њоло… хуб, … салом дињед.
Тарљумон (бо эњтиром, андак сарашро хам карда). Машне берри эмэнэ.
ХОРИЉЇ. Хурумта-е! Мурумта.
ТАРЉУМОН. Вой!
КОСТЮМПЎШ. Чї! Вай ба шумо чї гуфт?
ТАРЉУМОН. Вай ба ман чї гуфт? - Салом гуфт.
КОСТЮМПЎШ. Не-не-не, вай ким-чизи дигар гуфт.
КОТИБА. … Хурумта гуфт!
Тарљумон (норозиёна). Чї-ї!? Ба гўшатон чунин расидагист
КОСТЮМПЎШ. Маро ањмаќ накнед. Ман шояд дар забондонї зўр набошам, лекин аз гўшам шикоят надорам.
КОТИБА. Гўши ман њам наѓз мешунавад.
ТАРЉУМОН. Шумо чињо мегўед? Шумо забонро-ку намедонед! Ин як тарзи саломдињї: «Аз дидоратон шодам» гуфт.
КОТИБА. Хурумта-а? мурумта-а?
ТАРЉУМОН. Ху – хуб аст, дар хитої ва тољикии ќадим њам ба маънии хуб меояд: номи шањрњо Ху-ќанд, Ху-љанд аз њамин вожа аст. «Ру» - дидор, рўбинї, «м-та» - ба маънои «ман аз ту». Њамаашро ќатор кунем айнан чунин мешавад: ху ру м-та – хубам рўбинї ман аз ту. Ба тарзи љумласозии мо ху ру м-та – аз дидорат шодам.
ХОРИЉЇ (даст ба рўи сина гузошта). Ху ру м-та.
ТАРЉУМОН. Ана дидед, аз дидорат шодам.
КОСТЮМПЎШ. Вале ба ман дигар хел салом дод: «Ойоро» гуфт. Шумо аниќ ўро фањмидед?
КОТИБА (хандида). Забонашон људо ќизиќ будааст. Ба тарљумон саломи махсус доштааст. Хурда-хурда, мурда-мурда салом медодааст.
Тарљумон (низ хандида). Њи-њи-њи. Ви-њи-њи.
КОСТЮМПЎШ. Хайр, бас. Чї љойи ханда? Ёягон љоям кандагї аст?
ТАРЉУМОН. Охир, Ойоро – номашон. Шумо чї, ба њуљљаташ назар накардед?
КОСТЮМПЎШ. Њаа-а-а, маълум мешавад, ки ман ба вай «субњатон ба хайр» гуфтам, вай ба ман худаша шинос кард: «Иванов». Фањмо. Хайр, забонашро фањмидем. Дар таќдири бади мо њамин будааст. (Бо ќатъият). Хайр, шуд. Муќаддима тамом. Давоми кор бо тартиби расмї меравад. Њардуятон шинед. (Ба курсињо ишора мекунад). Даря Михална, шумо метавонед бароед.
КОТИБА (бо дили нохоњам љониби дар рафта, нобоварона ба ХОРИЉЇ менигарад). Мебароям… Меравам… Аллакай рафтам.
КОСТЮМПЎШ (бетоќатона). Равед, равед. Дарро њам пўшед.
КОТИБА. Хуб.
Дарро мепўшад, вале баъдан андак роѓ мемонад.
КОСТЮМПЎШ. Даря Михална!
Дар тараќќосзанон пўшида мешавад.
Овози КОТИБА. Дар инља курсї афтид.
КОСТЮМПЎШ. Гуфтам-ку, боэњтиёт бошед. Хўш… (Ба Тарљумон ва марди ХОРИЉЇ назар карда). Њоло ман савол медињам. Шумо тасдиќ мекунед, ки забоне, ки њоло тафтишот меравад, яъне забони русиро намедонед?
ХОРИЉЇ (зуд сар мељунбонад). Ндио, ндио.
КОСТЮМПЎШ. Куљо саросемаед? Ба шумо њоло њељ чиро тарљума накардаанд-ку? (Ба тарљумон). Шумо гўё дар таги чодари арўсиатон нишаста бошед, чаро хап мешинед?
ТАРЉУМОН. Вий… Мебахшед. Мамбери гариди да гамэ, нэ?
ХОРИЉЇ (сарашро тоб медињад). Нэ га.
ТАРЉУМОН. Не, намедонад
КОСТЮМПЎШ. Хўш… Намедонад. (Менависад). Вале аз чї бошад, калимаи Руцангала ба гўш нарасид. Пас, забони Руцангала-ро намефањмед?
ХОРИЉЇ (боз сар мељунбонад). Ндио ндио.
КОСТЮМПЎШ (асабиёна). Хуб, «ндио», ё «нэ га»? нафањмидам
ХОРИЉЇ (ба ишораи тасдиќ сар мељунбонад). Ндио. (Сарашро тоб медињад). Нэ га.
ТАРЉУМОН. Вай мегўяд, ки ња, намедонам. Ин, як ќолаби тафаккурронї аст. Агар бо ќолаби тафаккурронии баръакс мебуд, чунин мегуфт: не, медонам.
ХОРИЉЇ (Сарашро тоб медињад). Нэ га. (Сарашро ба ишораи тасдиќ мељунбонад). Ндио.
КОСТЮМПЎШ. Бо ќолаби тафаккуррониатон сари мана гаранг накунед. Ба саволњои ман даќиќ ва моњиятан посух дињед. Маро тамоман девона мекунед.
ХОРИЉЇ. Ойоро…
КОСТЮМПЎШ. Фањмидам, ки ин номатон. Зунукатона гиред. (Ба тарљумон). Њоло савол ба шумо: Шумо забонеро, ки шоњид ба он њарф мезанад, медонед?
Тарљумон (Ба ХОРИЉЇ). Мамбери катери-ке эри...
КОСТЮМПЎШ. Шумо чаро ба вай тарљума мекунед? Ман-ку аз шумо пурсидам.
Тарљумон (ба ХОРИЉЇ сар љунбонда). Барои он, ки вай бояд донад, ки гап сари чї меравад.
КОСТЮМПЎШ. Дар ин љо ман муайян мекунам, чиро кї бояд донад. (Нохост баланд рафта). Ба саволи ман љавоб дињед.
ТАРЉУМОН. Ндио! (Тарсида). Вой, мебахшед, ња, медонам.
КОСТЮМПЎШ. Аз куљо ин забонро медонед?
ХОРИЉЇ. Волидони ман бостоншиносанд. Ду сол дар Африка кор карданд. Ман њамроњашон будам, синфи дањумро дар мактабе хондам, ки љаноби Ойоро аз њамон љоянд.
КОСТЮМПЎШ. Мушаххасан гўед.
ХОРИЉЇ. Дар бораи Буркина Фасо шунидаед? Давлати хурдакак, вале якчанд халќу вилояти худмухтор дорад.
ХОРИЉЇ (баланд њарф сезанад). Буркина Фасо дикела макс нэ гэ! Б;бо рока табалано! Б;бо! Б;бо!
КОСТЮМПЎШ. Э, ин ќадар дод назанед. Кар нестем. Хайр, чї бало шудааст дар он љо?
ТАРЉУМОН. К;ди-к;ди, нэ рэгитэ...
ХОРИЉЇ. Б;бо лагэлэ, ма гэ Буркина Фасо! Б;бо ботла! Б;бо!
ТАРЉУМОН. К;ди-к;ди-к;ди.
ХОРИЉЇ. Б;бо! Б;бо!
КОСТЮМПЎШ. Э, ин ќадар бобо-бобо кардед! (Ба тарљумон). Фавран тарљума кунед.
ТАРЉУМОН. Ў мегўяд, ки онњо на сиёсат, на забони давлатии њукуматро эътироф ва љонибдорї намекунанд. Вилояти мухтори онњо намехоњанд, ки бо давлати Буркина Фасо ягон умумияти миллї дошта бошанд!
ХОРИЉЇ. Б;бо арола! Б;бо арола арниге!
КОСТЮМПЎШ. Фањмо, муњтарам. Мо њам бо Буркина Фасо ягон умумият надорем.
ХОРИЉЇ. Б;бо!
КОСТЮМПЎШ. Э, ин чї бобо-бобо дорад?
ТАРЉУМОН. Ин… Б;бо номи њамон аќаллияти миллии онњост, ки истиќлолият мехоњад. Љаноби Ойоро яке аз сарварони њаракати озодихоњї мебошанд ва њаракатро њанўз бобои ў 50 сол ќабл оѓоз карда буд.
КОСТЮМПЎШ. Хўш… Вазъияти сиёсї маълум шуд. Ааакнун….
ХОРИЉЇ. Робатса мэтле, аргаре Б;бо!
КОСТЮМПЎШ. Боз девонагї сар шуд.
ТАРЉУМОН. Ў мегўяд, ки ин мубориза маънои њаёти ўст. Њамин, ки ба ватан баргашт, муборизаро барои худмуайянкунии миллии Бобо идома хоњад дод.
КОСТЮМПЎШ (асабонї шуда). Тарљума кунед, ки ин кораш хуб аст. Бигузор баргардад, вале танњо баъди он, ки парвандаи мо ба анљом мерасад.
ХОРИЉЇ. Ндио!
КОСТЮМПЎШ. Ндио, ки бошад, рафтем, давом медињем.
ХОРИЉЇ (аз љой хеста). Б;бо галамала...
КОСТЮМПЎШ. Хайр, шуд. (Ба тарљумон). Шумо чї хел гуфтед? - К;ди-к;ди! (Ба ХОРИЉЇ). К;ди-к;ди – «зунуката гир -ди»! Танњо ба саволи ман љавоб медињи –ди.
ХОРИЉЇ(аз љой хеста; бо ќањр). Фаччо пуччо милиса!
КОСТЮМПЎШ. Худат фачу пуч! Очат фачу пуч!
ХОРИЉЇ(аз љой хеста; бо ќањр). Фаччо пуччо милиса!
КОСТЮМПЎШ. Ту милисаро паст мезанї!?
ТАРЉУМОН. Не, вай ин хел нагуфтааст…
КОСТЮМПЎШ. Гуфт! Милисса! гуфт. Милисса - Фаччо пуччо! – гуфт!
ХОРИЉЇ(бо алам). Милиса - фаччо пуччо!
КОСТЮМПЎШ. Ана, бин: милисаро фачу пуч мегўяд!
ТАРЉУМОН. Не. Забона-ку намедонед, чаро бењуда асабї мешаваед? Вай гуфтанї, ки инќилоби бемаънии мелисса сар шудааст. Дар он љо табадуллот кардаанд.
КОСТЮМПЎШ. Милисаи мо чї гуноњ дорад?
Тарљўмон. Ба табадуллот инќилоби милисса ном додаанд.
КОСТЮМПЎШ. Кадом аблањ милисаи моро гунањгор кардааст? Ё… ња, милитсияашон табадуллот кардааст?
ТАРЉУМОН. Не, мелисса – номи як гул аст. Охир, инќилоби гулњо мегўянд-ку инќилоб - бо гули мелиса. Инќилоби лолагї њаст-ку?
КОСТЮМПЎШ. Э, хайр, соз-соз гап занад да. Милиса, милиса гуфта љонама гирифт.
ХОРИЉЇ. Бобо к;ди …
КОСТЮМПЎШ (бо мушт ба миз мекўбад). Бало к;ди! Љин занад, кадї! Бо ин ањвол ба беморхона афтодан мумкин! Кор мурд, мо резинка барин кашол дода истодаему аз љой намељунбем. Уф… (аз љайбаш рўймолча бароварда, араќи пешониашро пок мекунад).
КОТИБА медарояд.
КОТИБА. Дмитрий Сергеич, ба гумонам, ким-чї кафид...
ТАРЉУМОН. Њозир худам ягонтатона зада мекафонам! Ба љойи худатон равед! Дар инља фаќат шумо намерасед!
КОТИБА. Урз. (Ѓайб мезанад).
КОСТЮМПЎШ (ба тарљумон). Гўш кунед, азизам, шумо забонро медонед. Ба њаќќи худо, ба ин сайёњи мухтарами мо расонед, ки парвандаи мо бењаракат мондааст. Парвандаи љиноятї. Ин бошад, шоњиди ягона аст. Ба ман далел даркор ва далелро фавран ёфтан лозим. Дар инља мубориза барои истиќлолхоњии кадом як Б;бо нест…
ХОРИЉЇ (дастњоро боло бардошта). Б;бо!
КОСТЮМПЎШ (дасташро бо асабоният шоф карда). … э, мо 50 сол интизор шуда наметавонем! Ба ман њозир даркор, худи њозир! Маълумоти мушаххаси аниќ. Вай мегўяд, ки ин кори њаётии ўст, вале ман барои њаёти каси дигар талош дорам! Ба ман... (Нафасаш гирифта гиря гулўгираш мекунад).
ХОРИЉЇ (ба Костюмпўш, ором карданї шуда). К;ди-к;ди...
КОСТЮМПЎШ (худ ба худ). К;ди-к;ди... ќих-ќих… (месулфад). Ње, Очат кади. Момат кадї. (Сулфаашро ќатъ карда ба тарљумон бо тањдид). Њамааш фањмо?
Тарљумон (бо тарс). Ња, фањмо.
КОСТЮМПЎШ (худро ба даст гирифта). Хуб. Сар мекунем. Шумо бо ин марди ХОРИЉЇ шинос њастед?
ТАРЉУМОН. Дар он љо ўро њама мешиносанд. Дар мактаби онњо, ки чанд сол пеш мехондам, дар синфи мо сурати ў кашол буд.
КОСТЮМПЎШ. Не-е. Љавон менамояду… вале шахсияти маъруф будааст. Инту нигоњ кунї, њељ чї, махсусан ваќте ки суњбат мекунї, як хориљии куч.
ТАРЉУМОН. Шумо чаро ин хел мегўед? Шумо њатто тасаввур карда наметавонед, ки вай барои халќи худаш чї маќоме дорад! Аќаллан медонед, ки ў кист?
КОСТЮМПЎШ. Оњњо! Шояд Пушкин бошад! Вай њам африќої буд. Араби Пётри Кабир меномиданд, фаќат вай сафедтар буд.
ХОРИЉЇ. Ндио!
КОСТЮМПЎШ. Бинед-е, мефањмад. Аљаб шоњидро Худо ба сари мо равон кардааст. (Ба ХОРИЉЇ). Хайр, Пушкин, чоќ-чоќ бикун, туро чї бало зад, ки ба ин кишвари дурдасти мо афтода мондї? (Њолати расмї гирифта; ба тарљумон). Тарљума кунед, сусту фулуст нашинед.
Тарљумон (риштаи суханро гум карда). Мамар;...
КОСТЮМПЎШ. Чаќонтар, хоњиш мекунам.
ТАРЉУМОН. Мамар; эге м-бане Руцанг;?
КОСТЮМПЎШ. Ња, фањмо. Маънои Руцанга - Русия будааст. (Хушњол шуда). Акнун мефањмам. Мебинї, ки худам њам тарљума кардан мегирам. (Ба ХОРИЉЇ). Хайр, гўшам ба шумо.
ХОРИЉЇ. Б;бо дари дэс нанэ...
Тарљумон (сухани ўро бурида тарљума кардан мегирад). Љаноби Ойоро њамроњи мушовир оид ба илм барои ташкили билоивази илмї омадааст…
КОСТЮМПЎШ. Чиро иваз мекунад? - Илмро!? Барои ин забонро донистан лозим.
ТАРЉУМОН. Сабр кунед, охир, ў њоло тамом накардааст. … ў барои тањќиќоти бостоншиносї омадааст.
ХОРИЉЇ (чизе гуфтан мегирад).
ТАРЉУМОН. Давлати онњо хурдакак мебошад, вале дар њудуди онњо яке аз оромгоњњои калонтарини тамаддун ошкор шудааст.
КОСТЮМПЎШ. Намефањам, сухан дар бораи кадом тамаддун меравад, ваќте ки вай ду калимаро ба русї пайваста наметавонад.
Тарљумон (бо самимият). Охир мушовираш оид ба илм забони русиро хуб медонист. Ваќте ки шумо шоњидонро мекофтед, мактубро њам ба љаноби Ойоро вай навишта буд. Ба парванда нигаред.
КОСТЮМПЎШ. Ба ман маслињат надињед. Тарљума кунед, аз худатон илова накунед.
ХОРИЉЇ. Бари дамэ га...
Тарљумон (баробари суханронии ў тарљума мекунад). Мутаассифона, бо сабаби эълом намудани њолати фавќулодда, тарљумон фавран ба ватан баргаштааст. Љаноби Ойоро њам бояд равад. Ўро мепурсанд.
КОСТЮМПЎШ. Дар инља тафтишот ќарор ќабул мекунад, ки кї мераваду кї мешинад.
ХОРИЉЇ (ба Костюмпўш). Руцанг; нака-нака, хари-до ари Б;бо.
ТАРЉУМОН. Љаноби Ойоро мегўяд, ки аз додани маълумот ба тафтишот шарафманд мебошад, вале ваќташ бенињоят танг аст..
КОСТЮМПЎШ. Албатта, фаќат мо бекорем, ки бо тар-љумонњо овораем.
ХОРИЉЇ (ба тарљумон паст гап мезанад).
ТАРЉУМОН. Љаноби Ойоро мепурсад, ки имкон надорад, мулоќтро мавќуф гузорем, то њамроњи мушовираш оид ба илм њамроњ биёоянд.
КОСТЮМПЎШ (дар гирифта). Барои манфиати тафтишот ба ин роњ додан мумкин нест. Маълумотро ки гирифтем, чор тарафаш ќибла, кадом ќавре хоњад, рафтан гирад.
Тарљумон паст-паст тарљума мекунад. Марди ХОРИЉЇ гўш карда, посух медињад.
ТАРЉУМОН. Мегўяд, ки мутаассифона, корњои муњими кишвараш интизори ўянд ва дахолати фаврии ўро талаб мекунанд ва ў таъхир карда наметавонад.
КОСТЮМПЎШ (аз ѓазаб љаста мехезад). Чї, ман метавонам?! Ку гап зан! Чї бодигї мекунад?! Ваќте ки дар инља ѓоратгарї бо њолатњои вазнинкунанда ва расонидани зарбањои барои саломатї хавфнок дорам, ман метавонам ўро сар дињам?! Шумо умуман ќудрати ба ин фањмондани ягон чиро доред? Мешунавам, ки гапи ўро ба русї тарљума мекунед. Вале баръаксашро, чї хел гуфтед… «билоивазашро» не.
Тарљумон (хафаомез). Марњамат, баръаксашро њам тарљума мекунам.
КОСТЮМПЎШ. Набошад, ба пеш! Рафтем!
ТАРЉУМОН. Сабо-т;си дитуло, гамэ ботса.
ХОРИЉЇ. Кареме ге (аз љой мехезад), хабоно ло (ба КОСТЮМПЎШ мурољиат менамояд), бокоро бутле Б;бо (даст ба синааш гузошта), гаме дэ сэтала (ба нишони таъзим сар хам мекунад). Б;бо арола!
КОСТЮМПЎШ. Чї, ароз мекунї? (Ба тарљумон). Ин бобот аз чї ќањр кардааст?
ХОРИЉЇ (љониби дар меравад). Б;бо арола! (дарро мекушояд, ки барояд).
КОСТЮМПЎШ. Даря Михална! Намонед, ки барояд!
КОТИБА давида меояд ва сина сипар мекунад.
КОТИБА. Мумкин не, мумкин не, мум-кин не.
ХОРИЉЇ. Макетце?! Б;бо арола?!
КОСТЮМПЎШ. Шумо ба вай чиро тарљума кардед, ки ин ќадар девона шуд!?
ТАРЉУМОН. Вой… ба ман дод назанед!
КОСТЮМПЎШ. Дод назада боз чї кор кунем? Худо медонад, ки ба ин чї гуфтї.
ХОРИЉЇ (бо исрор). Б;бо арола?!
КОСТЮМПЎШ. Ба куљо? Њой, гуфтам, ки њељ љо намеравї. Нэ га. Нэ га.
ХОРИЉЇ. Мамбу рэ Б;бо тэлол;?!
КОСТЮМПЎШ. Ин боз чї мегўяд?
Тарљумон (гиряомез, гапашро гум карда). Вай мегўяд, ки … ки вай… ки ин Б;бо...
КОСТЮМПЎШ. Бало Бобо! Дарди сари шумо б;бо! Хок бар сари Б;бо! Балоро њам намедонед! Ин забонро намефањмед, сайёњчаи ХОРИЉЇ.
Тарљумон (ранљида). Хайр, ягон тарљумони дигар ёбед!
КОСТЮМПЎШ. Меёбем. Бе шумо њам корамона буд мекунем! (Ба ХОРИЉЇ). Б;бо – нэ га! Љаноби Ойоро (бо ангушт ба ХОРИЉЇ ишора карда). Руцанга ндио. (Ба тарљумон ишора мекунад). Хумуши сари ќаври бибияш меравад! (Ба дар ишора мекунад).
ХОРИЉЇ (бо эњсос дурудароз, њарф зада даст ба осмон мебардорад). Б;бо арола гамэ хумуши тага дэ мбане даку таало леотса!!! Фаччо пуччо милисса! Фаччо пуччо милисса!
КОСТЮМПЎШ як ба худ меларзаду дар миз менишинад.
КОТИБА. Дмитрий Сергеич!
КОСТЮМПЎШ (бо овози гирифта, базўр нафас кашида). Хест. (Нафас бароварда) Тамом… дигар ќувват намонд. Танаффус мекунем.
КОТИБА. Дуруст. Камтарак дам гиред. Сањар аз соати њафт дар кор њастед. Ин хел канда шудан мумкин.
КОСТЮМПЎШ (тарсида ба Тарљумон). Гўед, ки 15 даќиќа танаффус. Камтар шишта истад. (ба ХОРИЉЇ). Битте, плиз, танаффус.
ХОРИЉЇ хомўшона сар мељунбонад ва баргашта дар курсиаш мешинад.
КОСТЮМПЎШ. Камтар њавои тоза мехўрам. (Ба Тарљумон). Шояд ин ягон чї мехоњад? (Ба ХОРИЉЇ). Кофе, чой?
ХОРИЉЇ. Кофе – нэ га.
КОСТЮМПЎШ (хастањолона даст афшонда). Хайр, ихтиёратон.
ТАРЉУМОН. Мебахшед, дар поён буфет будааст. Мумкин як даромада гирам? Илтимос. Ман субњона нахўрдаам. Аз гуруснагї сарам чарх мезанад.
КОСТЮМПЎШ. Равед-равед. Шояд баъди шикам пур кардан дурусттар тарљума кунед.
ТАРЉУМОН. Ман зуд меоям.
КОСТЮМПЎШ (ба котиба). Даря Михална, Шумо инља назорат кунед. Ман фаќат як поён мераваму мебароям.
КОТИБА. Њељ гап не, Дмитрий Сергеич, ягон мушкилї надорад. Хавотир нашавед. Ин шоњиди шумо ба ягон гўр намеравад. Равед, дам гиред, набошад, аз барои ин кундањои ѓайрирус шуда, саломатии худро бой медињед.
КОСТЮМПЎШ. Њељ гап не. Саломатиам кофист, ки ин паравандаро анљом дињам. Очаи Пахомоваро ба чашмаш нишон медињам. (Меравад).
КОТИБА. Ман якбора ба гулњо об медињам.
КОТИБА мебарояд, сипас бо графини об ва «губка» бармегардад, ба гулњо об медињад ва пештахтаи тирезаро пок мекунад. ХОРИЉЇ ба фарш нигариста, бењаракат менишинад.
КОТИБА (гўё худ ба худ, вале баланд њарф мезанад, ки марди ХОРИЉЇ шунавад). Мешинї, дамат гирифтагї, зоѓи ало. Хайр, шиштан гир, сархўрда. Њамаро сил кардї. (Ба ХОРИЉЇ назар мекунад ва мебинад, ки вай ба ў менигарад). Мегўям, ки њаво наѓз-а? (Гўё суруд мехонад). Офтобаки ман, бархез, ки сањар шуд… бар кафтарон дона бипошем.
ХОРИЉЇ (бо табассум сар мељунбонад). Ндио, ндио! Каба га ойна деримэ!
КОТИБА (оњи сард мекашад). Ња, ойнама тоза мееунам. Ё худо… Олигофрени кари њунайно дар Африќо њам олигофрени кари њунайно аст. (Суруде дар њавои «зоѓи сиёњ» месарояд). Зоѓи ало ќар-ќар, чї мехўрї? - Њалвои тар… Зунукат гирифтагї, менишинї њамчу кар…
ХОРИЉЇ. Њайвон – занакэ!
КОТИБА (нохост дод мезанад) Вой очаљон!
Графин аз дасташ афтода мешиканад, обаш мерезад.
ХОРИЉЇ. Макетце!
КОТИБА. Вай, худољон, (бо губка обро кашида). Об ба таги миз меравад. Латта овардан даркор. Чї ќадар шишапора бисёр. (Ба ХОРИЉЇ). Ёрдам медодї, намемурдї…
ХОРИЉЇ (аз љой наљунбида, сар мељунбонад). Ндио, ндио!
КОТИБА. Хок кашадат, «нидио» нагуфта. (Давида мебарояд).
КОТИБА шитобон бо латта, белча, ва шчётка баргашта, асабиёна тоза мекунад. ХОРИЉЇ бодиќќат ўро тамошо мекунад.
Марди КОСТЮМПЎШ бармегардад. Котибаи рўи фарш гаваккашидаистодаро дида ба њайрат меафтад.
КОСТЮМПЎШ. Боз чї љин зад?! Як даќиќа, ки баромадї, ягон бало сар мезанад. Њоло њам барнагаштааст… хумушии мо?
ХОРИЉЇ (бо њолати омодабош). Хумуши гашры лабэ!
КОСТЮМПЎШ (худ ба худ). Туро пурсанда мондаанд? (Паси миз нишаста, љилддонро мегирад).
КОТИБА (латтаро партофта, бошитоб дасташро бо доманаш пок мекунад). Дмитрий Сергеич. (Ба ХОРИЉЇ назар мекунад, ки боз ба фарш нигариста, хомўш нишастааст). Ман дар бораи шоњид … як маълумоти хеле аљиб дорам.
КОСТЮМПЎШ (асабиёна). Чї фиш-фиш мекунї?
КОТИБА (љониби ХОРИЉЇ ишора карда). Охир, вай њама гапа мефањмад!
ХОРИЉЇ. Вай хока намефањмад.
ТАРЉУМОН. Хаппп. Мефањмад њамаша, Дмитрий Сергеич. Ба худо ќасам, ки гапи моро мефањмад. Ман њанўз ваќти салом-алейкаш бо тарљумон фањмида будам. Њамин, ки шумо баромадед, вай маро њаќорат кард: «њайвон» гуфт. Аз тарсу њайрат графинро афтонда шикастам.
КОСТЮМПЎШ. Ња, ин тавр гўед? Боз ман гумон карам, ки дастњои шумо аз љои дигар баромадааст.
КОТИБА (бо эътироз; баландтар). Бо ман шумо фаќат њамин хел муносибат мекунед. Ин ХОРИЉЇ шубњанок аст, тарљумонаш њам аз ў бењтар нест. Нахоњед, бовар накунед, вале ман сад фоиз бовар дорам, ки мефањмад. (Тарљумон медарояд). Худаша гўл нишон медињад, вале љосуси тапа-тайёр аст. Ваяш – як љалољинкампири баландовоз…
Тарљумон (бо ѓазаб). Мебахшед, кї љосус будааст?
КОСТЮМПЎШ. Њељ кас. Шинед, давом медињем.
ТАРЉУМОН. Не. Маро мебахшед, бояд ба диќќати шумо расонам, ки љаноби Ойоро дар кишвари худ абармарди соњибэњтиром аст, ман бо чашми худам дидам, ки чї тавр халќ ўро њурмат мекунад! Вай ба мактаби мо њам омада буд. (Ба котиба). Шумо њаќ надоред, ки ўро тањќир кунед
КОТИБА. Э, кї ќањрамони шуморо тањќир кардааст?
ТАРЉУМОН. Ман њамаашро шунидам: дар бораи љосус њам, дар бораи љалољинкампири баландовоз њам.
КОТИБА. Дар бораи «њайвон-занак» њам шунидї?
КОСТЮМПЎШ. Ором шавед, занњо. Кор мемурад.
ТАРЉУМОН. Дар бораи кадом њайвон-занак мегўї?
КОТИБА. Ана њамин гуфтагиам. Ваќте ки шумо баромадед, ман ба гулњо об додам. Ва ячї-нимчї дар бораи ў гуфтам. Вай фањмид ва нохост њамин хел њаќорат кард, њайвон-занак гуфт. Дар натиља, графин аз дастам афтода шикаст. Шумо бошед, афсона мехонед, ки вай забони моро намефањмад.
ТАРЉУМОН. Не, намедонад.
КОТИБА. «Њайвон-занак» -ро аз куљо медонад?
ТАРЉУМОН. Шояд мебинад.
КОТИБА (бо њайрат). Ња, бузи шохдори он тарафи уќёнус! Ана кист вай.
КОСТЮМПЎШ. Умуман, маънояро бояд донад…
ТАРЉУМОН. Асли ин ибора чунин аст: «њай вонза на кэ». Маънояш «хеле ваќт нест ба ман», яъне «ваќтам бенињоят танг» мебошад.
ХОРИЉЇ (ба соаташ бо ангушт тиќ-тиќ зада). Њай вонза на кэ.
ТАРЉУМОН. Љаноби Ойоро чанд бор ба шумо гуфтанд, ки саросемаанд.
КОТИБА. Ба вай гўй, ки бо чї сабаб ду маротиба суњбати мо барпо нашуд: аз барои ту.
ТАРЉУМОН. Медонад, метавонед напурсед.
КОСТЮМПЎШ. Вале ман бовар надорам. (Ба ХОРИЉЇ; бо ангушт ба тарљумон ишора мекунад). Хумуши - тарљумон - њай вонза на ке- ваќт наёфт. (Ба таќвим ишора карда). Як бору ду бор не.
ХОРИЉЇ (бо асабоният). Њай вонза наке дари магэ! (даст меафшонад ) Макетце? (бо ангушт ба таќвим ишора мекунад). Арохана бососел;!
КОТИБА шитобон назди таќвим меравад, вараќи онро канда меорад.
КОТИБА (ангушти ишоратиашро ба раќаме мегузорад, сипас ба Тарљумон ишорат мекунад). Дуруст-дуруст. Ана дар инљо, рўзи 25-ум хумуши вай…
ХОРИЉЇ (ёрї медињад). Нэга!
КОТИБА. Нэ га, њайвон-занак. (боз ба таќвим ишора мекунад). Ана баъд, рўзи сеюм хумуши боз нэ га - њайвон занак.
ХОРИЉЇ. Макетцэ?! (ба тарљумон) Гала даги?
ТАРЉУМОН. Дангалї! Хайр, ваќт ёфта натавонистам.
ХОРИЉЇ (љанљол бардошта). Каскере! Кас-ке-ре! (Љаста мехезад).
КОСТЮМПЎШ. Фаќат бе њаќорат Кас-ке-ре не га!
ХОРИЉЇ. Арол;! (ишора мекунад, ки њамааш тамом шуд. Љониби дар меравад).
ТАРЉУМОН. Ана бало зад. Нэ га, нэ га. (аз ќафои ХОРИЉЇ медавад). Б;ри Ойоро, к;ди-к;ди, б;ри Ойоро! (Ба Костюмпўш). Хафа, ки шуд, тамоман гап намезанад.
КОСТЮМПЎШ. Дар хонаи бобову бибияш – дар Б;бо хафа шавад! Чї бодигї мекунад! Њоло њељ кас ўро љавоб надодааст.
КОТИБА. Вой, ў меравад!
ХОРИЉЇ. Б;ри Ойоро, к;ди-к;ди,
Тарљумон (аз дасташ медорад, ў дасташро кашида мегирад). Њой, ёрї дињед.
КОСТЮМПЎШ. Ќафо гард! Ба кї гуфтам? Даря Михална!
КОТИБА шитобон неши ўро мегирад.
КОТИБА. Мумкин не- мумкин не- мумкин не.
Тарљумон (даст пеши бар гирифта, чун саљда). Б;ри Ойоро, кади да мэ!
КОСТЮМПЎШ. Ана, як киносериали африќої сар шуд! Бас кунед, бало занад! Ба кор сар мекунем, ё не!? Ку, њама ба љойи худ гузаред! Инља ба ту Б;бо нест, ки нозу бозор кунї! Дар инља ман сардор!
ТАРЉУМОН. Б;ри Ойоро, к;ди да...
ХОРИЉЇ бо ваљохати норозиёнаи тањќирдида ба курсии худ менишинад, тарљумон аз ќафои ў меравад. КОТИБА (ќадам ба ќадам аз паси ў меравад).
КОТИБА. Рафтем-рафтем-рафтем. (Ба тарљумон). Аќаллан рањмат мегуфтед.
Тарљумон (бо зарда). Рррањ-њмаат!
КОТИБА. Ин чї калима? Боз ба забони инњо ягон дашном набошад?
ТАРЉУМОН. Рањмата рањматаш.
КОСТЮМПЎШ. Шуд! (Бо љилддон худро шамол дода, сипас онро дар љояш мегузорад). Њама ба љойи худ гузаред. Чаноби Ойоро, хумуши. Шинеду наљунбед. Даря Михална, дар дањани дар истед. (КОТИБА шитобон дар остонаи дар љой мегирад). Сар мекунем. Зуд, аниќ, равшан посух медињед. Фањмо?
Тарљумон (бо зарда). Фањмо!
КОСТЮМПЎШ (ба ХОРИЉЇ). Шумо тасдиќ мекунед, ки шоњиди њодисаи вайронкунии ќонун шудед?
Тарљумон (саросемавор). Х;ри-к;ри даг; мад;?
ХОРИЉЇ (сар мељунбонад). Ндио.
КОСТЮМПЎШ. Шумо њатто мушоњида кардед, ки љинояткор кали бемўй буд?
ТАРЉУМОН. Х;ри-к;ри даг; мад;?
ХОРИЉЇ (сар мељунбонад). Ндио.
КОСТЮМПЎШ. Вале шумо мегўед, ки љинояткор танњо буд, шарик надошт? Ваќте ки љабрдида аксашро мегўяд.
ТАРЉУМОН. Х;ри-к;ри даг; мад;?
ХОРИЉЇ. Нд…
КОСТЮМПЎШ (ба Тарљумон дод мезанад). Бас девонагї! Шумо тоќату саломатии маро санљидан мехоњед?! Ин ќадар ба вай «хари карї» гуфтед? Як љумларо такрор ба такрор гуфтед! Гумон мекунед њамин ќадар аблањ њастам, ки њаминро њам намефањмам.
Тарљумон аз тарс бо чашмони калон кушода ва дањони воз шах мешавад.
ТАРЉУМОН. Ман…
КОСТЮМПЎШ. Ња-а-а!!! Гап занед!
Тарљумон (ќариб гириста). Ман як љумларо айнан такрор накардаам. Тарљумаи ман сад фоиз аст. Шумо забонро тамоман намедонед. Забони мухтори Б;бо бо задаи мантиќии сермаъно, яъне маънои гуногун гирифтани калима њангоми гузоштани зада вобаста ба талаффуз ва задаи гузоштаи њамсўњбат дигар мешавад.
КОСТЮМПЎШ. Дар пеши ман бисёр мањмаддоногї накунед. Њоло тасдиќ мекунед, ки ин забонро медонед.
ТАРЉУМОН. Чаро шумо њељ ба ман бовар кардан намехоњед? Ман дар он љо зиндагї кардам!
КОСТЮМПЎШ. Хуб. Аз љаноби Ойоро хоњиш кунед, ки зоњири љинояткорро тасвир кунад
ТАРЉУМОН. Као раме джи га.
ХОРИЉЇ. Джи га тэри...мбунги...
ТАРЉУМОН. Љинояткор ќадбаланд ва кал буд.
КОСТЮМПЎШ. Пас, маънои мбунги кал аст?
ТАРЉУМОН. Бале.
КОСТЮМПЎШ. Хайр, пас, чаро ваќте пурсидам, ки ў мушоњида кардааст, ки љинояткор кал аст, шумо ин калимаро нагуфтед?
ТАРЉУМОН. Он ваќт ман «бе мўй» тарљума карда будам.
КОСТЮМПЎШ (ѓазаби худро базўр нигоњ дошта). Хайр, бигузор чунин бошад. (Бо ишора ба ХОРИЉЇ сари худро сила мекунад). Мбунги?
ХОРИЉЇ. Нэ га. (Шиками худро мемолад). Мбунги.
КОСТЮМПЎШ (ба тарљумон). Ин чї маънї дорад?
ТАРЉУМОН. Дар забони онњо кал ва фарбењ синоним аст, шаклан яку маънояшон гуногун: Мбунги ва мбунги. (Ба сар ва шикамаш ишора мекунад).
КОТИБА (худ ба худ дар дами дар). Мабодо «Тарљумон» ва «мараз» бо њам синоним нестанд?
Тарљумон (фањмид, вале худро ба нофањмої зада, гўё гапи марди хориљиро тарљума мекунад). Ндио, «мараз» бо КОТИБА синонимии наѓз мешавад.
ХОРИЉЇ (бо рўњбаландї сар мељунбонад). Ндио, ндио. Мбунги гав; (сарро нишон медињад), мбунги вав; (шикамро нишон медињад), мбунги нав; (нимтанаро нишон медињад).
ТАРЉУМОН. Ана, худаш тасдиќ мекунад. Гирд њам синонимии њамин калима аст.
КОСТЮМПЎШ (асабонї). Инро чї хел мефањманд?
ТАРЉУМОН. Мувофиќи матн.
КОСТЮМПЎШ. Кадом матн, бало занад! Маро шумо бо матнатон мекушед! Хайр, тасаввур мекунем, ки шумо њамаашро дуруст тарчума мекунед. Акнун гўед, ки дар забони онњо «сохтмон» чї мешавад?
ТАРЉУМОН. Кадом сохтмон?
КОСТЮМПЎШ. Сохт-мон, љое, ки хона месозанд.
ТАРЉУМОН. Н;ка.
КОСТЮМПЎШ. Акнун пурсед, ки вай чї тавр дар сохтмони бинои нотамом пайдо шуд ва аз он љо љиноятро дид?
ТАРЉУМОН. Хари босупа на н;ка?
КОСТЮМПЎШ. Ња, дар нока нока.
ХОРИЉЇ. Тамарику нэ га!
ТАРЉУМОН. Ў ба ин савол посух дода наметавонад.
КОСТЮМПЎШ. Яъне чї хел посух дода наметавонад?
ХОРИЉЇ. Даре лай наэ.
ТАРЉУМОН. Ин маълумоти шахсї
КОСТЮМПЎШ. Бало занад, дар инља маълумоти шахсї нест.
ХОРИЉЇ. Надэ ипон; хапил;!
ТАРЉУМОН. Маќоми баланди љаноби Ойоро имкон намедињад, ки ин маълумот дастраси умум гардад.
КОСТЮМПЎШ. Њељ чизро намефањмам. Вай гап мезанад, ё не!?
ХОРИЉЇ. Нэга мафэтва квак;.
ТАРЉУМОН. Не. Барои он, ки ин шарафи ўро тањќир месозад.
КОСТЮМПЎШ. Охир барои чї?
ТАРЉУМОН. Охир дар шањр њољатхона кам аст. Ана барои чї.
КОСТЮМПЎШ. Кораш ба њољатхонањои мо набошад.
ТАРЉУМОН. Махсусан, бозорњо бетартиб, хўрокаро дар кўча мефурўшанд.
КОСТЮМПЎШ. Дидем бозорњои худашона. Ба бозорњои худаш хўљаинї кунад.
ТАРЉУМОН. Одамон беинсофона мошинњоро дар сари роњ монда, боиси иамбаи наќлиёт мешаванд.
КОСТЮМПЎШ. Э, истед. Ман мехоњам, ки ў посух дињад.
ТАРЉУМОН. Ў аз посух ба ин савол эътироз мекунад!
КОСТЮМПЎШ. Ман ба вай эътироз карданро нишон медињам! Њозир бо кодекс шинос карда, модда ба модда ќойидањои нишондод додани хориљињоро мефањмонам.
ТАРЉУМОН. Инро ман тарљума намекунам. Истилоњоти њуќуќиаш хеле зиёд аст.
КОСТЮМПЎШ. Тарљума мекунед, азизакам.
ТАРЉУМОН. Набошад, ба ман фарњанг лозим. Мумкин рафта луѓатамро аз хона биёрам? (Мехезад).
КОСТЮМПЎШ. Истед! Луѓат даркор нест! Заб тарљумони чаласавод ёфтем!
КОТИБА (тоќаташ тоќ шуда). Э, бо вай чї хола-хола карда мешинед? Танњо вай тарљумони нодир нест! Дмитрий Сергеич, ба њар њол, шояд барои дарёфти тарљумон ба минтаќа мурољиат кунем?
КОСТЮМПЎШ (бо овози тамоман хиррї). Бало ба пасатон! Ба минтаќа дархост медињем… Не, аз худи Маскав мутахассис даъват мекунем! Дипломдораша! (Ба ХОРИЉЇ; бо тањдид). Њоло ба мо њамањакаша њикоят карда медињад! Шумо бошед (ба тарљумон). бе луѓат тарљума карданро ёд гиред. (Ба ХОРИЉЇ). Шумо аз шањр як ќадам намебароед. Ба њељ як Б;бои балозада намеравед! Ин забонхат дар бораи аз шањр набаромадан ба муњлати 2 моњ! Мебинем, шањрдорони шумо чї хел шуморо ба ватан даъват мекунанд!
Костуюмпўшро нохост сулфа гулўгир мекунад. Ў саросемавор аз дафтари корї мебарояд ва дарро сахт мепўшад.
КОТИБА. Ана одамро ба кадом њолат расондед! Дмитрий Сергеич, Дмитрий Сергеич, ором шавед! (Аз ќафояш тохта меравад).
Тарљумон ва ХОРИЉЇ лањзае чун кару гунгшудагон бењаракат мешинанд, баъд хеста њамдигарро оѓўш мекунанд, мебўсанду механданд.
ТАРЉУМОН. Худоё, забонхат ба даст омад! Шукри худо, муддати ду моњ мо боз њамроњ мемонем!
ХОРИЉЇ (бо лањљаи шикаста, вале фањмо). Ду моњ! Бо ту! Хурумта!
ТАРЉУМОН. Девона! Чаро дар њузури сардор ин хел гуфтї? Гумон кардам, ки тамом, сиррамон ошкор шуда, ба даст меафтем.
ХОРИЉЇ. Худама дошта натавонистам. Охир ёдат кардам, се рўз боз туро надида будам. Акнун ду моњ туро мебинам, шабу рўз њамроњ мемонем. То он замон дар кишвари мо табадуллот мешавад, баъд њукумат дигар мешавад ва маро њељ кас даъват намекунад ва аз пеши ту ба њељ љо намеравам! (Бўсаборон).
ТАРЉУМОН. Ба њељ куљо! Мемонї. Ман бошам… ман бошам, забони туро меомўзам, ваъда медињам, ки ёд мегирам. Ба тафтишот бошад, мегўем, ки ту ба сохтмони тамоман дигар даромада будї.
ХОРИЉЇ. … ња, ња… ба сохтмони дигар… Ман мегўям… барои ту мегўям… чунон гапњое мегўям, ки…
ТАРЉУМОН. Ман бошам, чињое тарљума мекунам, ки… Бигузор њарчї шавад, шудан гирад. њатто обхезии љањонї…
ХОРИЉЇ… њатто шавад табадуллот!
Бўсаи дурудароз.
Парда.
2014 г.
6nafamiliant@gmail.com
Свидетельство о публикации №223032700255