Мольер Дон Жуан перевод на таджикском

ЖАН БАТИСТ ДЕ ПОКЛЕН ДЕ МОЛЬЕР











ДОН ЖУАН


(Мазњака дар 5 парда)



Тарљумаи Љумъа Ќуддус


Барои театри ба номи Лоњутї соли 2002 тарљума шуд.
Нахустнамоиш моњи июли соли 2002 барпо шуд.
















Душанбе - 2002с.






Иштироккунандагон:


Дон Жуан.
Сганарел.
Дона Элвира.
Дон Луис –падари Дон Жуан.
Дон Карлос.
Дон Алонсо - бародарони дона Элвира.
Гадо.
Шарлота.
Матюрина.
Пиедро.
Муљассамаи Командор.
Рўњ.
Хизматгорони Дон Жуан ва Дон Карлос.

Воќеа дар Сицилия мегузарад.






 



























Пардаи 1
Кох.
Њолати I
Сганарел, сипас Гусман меояд.
Гусман. Дўстам, Сганарел….
Сганарел. Оњ, дўстам, Гусман. Сињату саломат њастї? Ягон чизи кашиданї дорї, дўстам? Барор, якта кашем….
Гусман. Сганарел, хайрият, ки аввал туро дидам. Аз он рўзе, ки Дон Жуан аз хонаи мо рафт, Дона Элвира шабу рўз беќарор асту ….
Сганарел. Эњ, дўстам Гусман,  њамин Арасту бо тамоми фалсафааш номаъќул кардааст: дар олам бењтар аз тамоку чизи дигар нест! Тамоку кашад, гулписар - тоза шавад маѓзи сар. Тамоку на танњо маѓзи сарро  тоза мекунад, балки саховатманду савобљў мекунад! Мисли ту интизори хоњиш нашуда, худаш тамокухалтаашро дароз карда “мањ, ака, тамокуро кашида кайф кун” мегўяду савобхалтаашро пур мекунад!
Гусман. Сганарел, лаќќигиатро мон. Њозир хонума Дона Элвира расида меояд! То он ваќт мо бояд фањмем, ки гап дар сари чист.
Сганарел. Э, хайр, фањмидем: маълум, ки баъди сафари мо хонумаи ту Дона Элвира талхакаф шуда, аз паси мо ба ин тараф йўрѓа задааст. Ишќ, љўра ана њамин хел зўр мешавад: ба гуфти ту, хўљаини ман дили соњибаи туро чунон бурда ишќи вай аз љигари ў задааст, ки аз рўзи рафтанаш бе рўи Дон Жуан офтоби љањонсўз дар назари дона Элвира мисли тангаи зардак сарду бенамуд шудааст. Тамокуро, љўра, кашу ба Соњибаат фањмон, ки ба ин шањр омдани вай кори бењуда аст. Гўй, ки дар ин шањр вай хар нафурўхтааст, ки бе пўшт- пўшт, луккас зада омадан гирад! Њамон љои гармакакашро хунук накунаду….
Гусман. Сганарел, мемонї ман гап занам? Худаш тинљї њаст?!
Сганарел. Тамокуам тамом шудааст, дигар тинљї аз куљо мешавад?
Гусман. Тамокуро як тараф мону гўй, ки дар каллаи ту ин ќадар фикрњои бадкасдона аз куљо пайдо шудааст? Шояд хўљаинат ба ту дилашро кушода гуфта бошад, ки аз мо дилхунук шудааст? Шояд сабаб њамин бошад?
Сганарел. Э, не- е…. Ман медонам, ки ин гуфтаи ту чї хел мешавад. Вале њарчанд, ки хўљаинам дар ин бора ба ман чизе нагуфтааст, шарт бастан мумкин аст, шояд њамин хел њам шавад. Таљриба исбот мекунад, ки ин аз эњтимол дур нест….
Гусман. Наход, ки сафари ољил нишони хиёнати Дон Жуан бошад? Худоё, наход, ки вай эњсоси нафисаи соњибаи маро тањќир куна?!
Сганарел. Не- ю… Аммо вай љавон аст, њоло ба ин љуръат намекунад.
Гусман. Барои фарзанди авлоди некном ин чї пастист?!
Сганарел. Некномии авлод чї халал расонида метавонад?
Гусман. Охир, вай аќди муќаддаси никоњ дорад!
Сганарел. Бечора, Гусман, ту њоло кї будани Дон Жуанро намедонї!
Гусман. Дар њаќиќат намефањмам, ки баъди ин ќадар зорию тавалло, ќасаму ањди вафо, арзи эњсоси пуршўр ва камоли љунунї, ки њатто деворњои муќаддаси калисо пеши роњи ўро гирифта натавонист, боз чї хел бевафої кардан мумкин аст?!
Сганарел. Рост гап, барои ман фањмидани ин чандон душворї надорад. Таги дили ўро намедонам, зеро, ки аз хонаи шумо ман пештар аз ў баромада будам ва њоло бо ў њамсўњбат нашудаам. Лекин гап байни худамон, ба ту рўирост мегўям, ки хўљаини ман разилтарин аз разилњо, беимонтарин аз беимонњо, як саги бањ- бањ, як Иблис, як турки љувонимарги кофир аст, вай њама муќаддасоти моро масхарабозї мењисобад. Ту «никоњи муќаддас» мегўї?! Э, вай барои ќонеи нафсаш на танњо бо Дона Элвира, балки бо туву сагат ва гурбаат якбора никоњ кардан мегирад! Никоњ барояш домест барои ба даст овардани занњои дањаняла! Агар рўйхати њама занњои дар њама љо никоњкардаи ўро нависам, то бегоњ хонда тамом карда наметавонї! Ња, чаро зуд рангат канд? Оњ, худаш ба ин тараф меояд! Исто, њарчї, ки гуфтам, ба ту аз дилсўзї гуфтам. Маро нафурўш. Дар акси њол аз гуфтаам мункир мешавам!
Гусман меравад.

Њолати 2.
Сганарел ва Дон Жуан.
Дон Жуан. Оне, ки бо вай лаќќидї, кї буд? Ба хизматгори дона Элвира - Гусман монандї дошт.
Сганарел. Худи худаш буд, љаноб.
Дон Жуан. Вай дер боз дар ин шањр аст?
Сганарел. Аз дина бегоњї.
Дон Жуан. Дар ин љо чї гум кардааст? Сабаби омаданаш шояд сафари ољили мо бошад?
Сганарел. Бале, љаноб, сабабашро пурсид.
Дон Жуан. Ту чї гуфтї?
Сганарел. Гуфтам, ки шумо њоло ба ман чизе нагуфтаед.
Дон Жуан. Худат дар ин бора чї фикр дорї?
Сганарел. Ба фикри ман… Гумон дорам, ки дар сари шумо фикри ишќи тоза афтидааст.
Дон Жуан. Ќасам ба љонам, ки ту хато накардї, ба ту ошкоро мегўям, ки њама фикру зикри ман на бо Дона Элвира, балки бо зани дигар банд аст.
Сганарел. Шукри Худо, ман дилу љигари Дон Жуанро медонам. Ман надонам, ки дар дунё ягон дили аз шумо ноустувортаре нест?! Иваз кардани як аќди никоњ бо аќди никоњи нав ва дар як љой лингак назадан танњо хоси дили шумост!
Дон Жуан. Ба фикри ту, нодуруст мекунам?
Сганарел. Эњ, љаноб….
Дон Жуан. Хўш, гап зан.
Сганарел. Албатта, њаќ њастед. Ваќте бо хости дили шумост, эътироз кардан шоиста нест. Бо хости дилатон мувофиќ намебуд, гап тамоман дигар мешуд.
Дон Жуан. Метавонї забон нахоида, маќсадатро пинњон накунї?
Сганарел. Агар рости гапро шунидан хоњед, љаноб, рўирост бояд гўям, ки рафтори шумо ба дили ман нест. Ба гумонам, ба њар як зани аз пеш баромада ошиќ шудан як кори бемаънист, ќабоњат аст, разолат аст!
Дон Жуан. Њой, аблањ! Ту мехоњї, ки мо худро бо аввалин ашёи эњсоси худ пойбанд карда, ба хотири вай аз тамоми  оламу одам чашм бандем? Ба хотири ким- кадом як хизмат худро содиќона пойбанд карда, худро зинда ба зинда барои њамагї як дилхушї гўрондан ва дар айни љавонї худро куштан барои њама соњибљамолони дигар, ки ба чашмони мо нур мебахшанд, аљаб бозии сохта аст! Не! Якранг сохтани њаёт кори аблањон аст! Њар як миљгонсияњ њуќуќ дорад, ки дили моро тасхир кунад ва касе, ки нахустин шуда бо мо мулоќот кардааст, њуќуќ надорад, ки њуќуќи ба дили мо таъсир кардани соњибљамоли дигарро манъ кунад! Мисол, ман аз зебої дар њар куљое, рўбарў оям, мафтуну шайдо мегардам ва зуд ба фармони он неруи бузург мутеъ мешавам! Хайр, ман бо касе аќд мебандам, аммо эњсосе, ки бо он сиёњчашмаки аввал дорам, набояд, ки маро нисбат ба чашмони сиёњи як соњибљамоли дигар беадолат гардонад! Зеро, ки мисли пешина чашмони ман кушода мемонад то, ки њусну љамоли дигаронро бубинам! Њарчї набошад, дили ман наметавонад мутаалиќи он чизе набошад, ки нигоњи маро лаззат мебахшад ва агар соњибљамолаке дили маро барад, њазор дил дошта бошам, барояш тасаддуќ мекунам! Зебоии ишќ дар таѓйирот аст! Аљаб шавќовар аст тасхир кардани дили як соњибљамоли нав, дидани он, ки чї тавр рўз то рўз ќадам ба ќадам ба маќсад наздик мешавї, њаёи духтарии ўро бо оташи эњсоси худ маѓлуб мекунї, нозу нузи ўра шикаста, оњиста - оњиста ўро ба љое мебарї, ки дилат он љо бурдан мехоњад. Ммм… Аммо ваќте, ки њама кор чени дилат шуду дигар њољати як калима гуфтан њам намемонад, ягон орзуи дастнораси дил намемонад, тамоми назокати ин талош ба охир мерасад ва ту дар ин бахти ором хоболуда мешавї агар боз як соњибљамоле эњсоси туро ба шўр наорад! Хулоса, њељ чизе дар љањон ширинтар аз муќобилияти соњибљамолон нест! Дар ин љода ман он кишваркушои шўњратпарастам, ки њамеша аз як ѓалаба ба сўи ѓалабаи дигаре парвоз мекунам ва ин њирси ман сарњад надорад! Дили ман тамоми сайёраро дўст дошта метавонад! Чун Искандари Зулкарнай мехостам, ки боз олами дигаре низ бошаду онро њам фатњ кунам!
Сганарел. Ё тавба, фикратонро чунон зебо баён намудед, ки гўё аз рўи китобе азёд мехонед!
Дон Жуан. Ту ба ин чї эътироз карда метавонї?
Сганарел. Гуфта метавонам, ки… Њељ чиз гуфта наметавонам. Шумо гапро чунон мепечонед, ки гўё њаќ бошед, вале дар асл, бе ягон шакку шубња, шумо њаќ нестед. Дар сари ман раддияњои љиддї пайдо шуд, аммо аз нутќи зебои шумо њамаи фикру далелњоям титу пит шуда рафтанд. Бигузор, њоло гуфтаи шумо шавад, аммо дафъаи дигар ман далелњои худро навишта мемонам, баъд бо шумо бањс  мекунам.
Дон Жуан. Олиљаноб мешавад.
Сганарел. Ва он замон рухсат медињед арз кунам, ки аз ин њаётгузаронии аблањонаи шумо шармам меояд?
Дон Жуан. Ба фикри ту ман чї хел рўз мегузаронам?
Сганарел. Њаёти хуб, вале ба назар гирем, ки њар моњ як зани нав мегиред….
Дон Жуан. Аз ин хуштар дар олам чї корест?
Сганарел. Њамин тавр њам њаст, мефањмам, ки ин як кори дилхушкунанда аст, худам њам не гуфта наметавонам, агар ин гуноњ намебуд. Охир, аќди муќаддаси никоњро тамасхўр кардан кањри осмонро меорад.
Дон Жуан. Кифоя. Ин кори ману осмон аст, њисобамонро бе ту њам меёбем.
Сганарел. Бо осмон шўхї кардан оќибати хуб надорад.
Дон Жуан. Љоѓата гир, аблањ! Наѓз медонї, ки ман насињатро дўст намедорам!
Сганарел. Худо нигоњ дорад. Шумо худатон медонед чї кор мекунед ва агар ба чизе бовар надоред, пас ба ин сабаб доред. Лекин дар дунё як зумра фосиќон аз худ симои ринду озодфикре метарошанд, ки ба онњо зебанда нест. Ман ба онњо мегуфтам: “Эй палид! Эй гамбусаки даруни пору! Эй дар њаќирї њамчу кирм! Чї њаќ дорї, ки бо осмон шўхї мекунї ва тамоми муќаддасотро  ба хандахариш мубаддал мегардонї? Мани хизматгор мегўям, ки туро дер ё зуд осмон љазо медињад! Рўзгори аблањона ба марги аблањона оварда мерасонад!”
Дон Жуан  (ўро як шаппотї мезанад). Кифоя!
Сганарел. Ммм…. Мо дар бораи чї гап мезанем?:
Дон Жуан. Дар бораи он, ки як зани хушрўй дили маро рабуда, ба ин тарафњо кашола карда овард.
Сганарел. Аммо, љаноб, аз он, ки шумо ним сол пеш дар ин љо Командорро кушта будед, њаросе надоред?
Дон Жуан. Аз чї бояд њарос кунам? Мар ўро мувофиќи ќоида накуштам?
Сганарел. Бо тамоми ќоидањо, љаноб. Аз ин бењтар намешавад. Вай ба шикоят њаќ надорад.
Дон Жуан. Маро мурофиаи судї авф кард.
Сганарел. Бале, аммо ба гумон аст, ки авф дўстону хешовандону худи Командор авф кунанд. Ва….
Дон Жуан. Биё, дар бораи мусибатњои тахминии оянда неву аз он њарф занем, ки ба лаззат мебахшанд! Зане, ки дар борааш гуфтам, як аст! Ўро ба ин љо марде овард, ки бояд дар ин љо бо ў издивољ кунад. Ин љуфти ошиќро бошад ман се - чор рўз пеш аз сафари онњо дида будам. То он замон ман боре надида будам, ки ду инсон ин ќадар аз њам розї бошанду бо њам танњо њарфи муњаббат зананд! Ин гуфтори нозуки онњо ба ман таъсир карду аз рашк ба ишќ мубаддал гардид. Бале, ба ман тоќатнопазир буд дидани он, ки чї тавр ваќти он ду кас хуш аст, бахилї дар дилам оташ андохту бо худ тасаввур кардам, ки агар ин њамдилии онњоро шиканам ва робитаи онњоро ќатъ кунам, лаззати аљибе хоњам дид! Аммо то њол кўшишњоям бенатиљаанд ва ман маљбурам, ки амали ќатъиро сар кунам! Шўи ояндаи он зани соњибљамол имрўз ўро ба саёњати бањр мебарад. Ман ќаиќро тайёр кардам, чанд одамро њам розї кардам, ки бе ягон душворї он нозанинро дуздида бароям оваранд.
Сганарел. Охир, љаноб….
Дон Жуан. Боз чї?
Сганарел. Не… Њама наќшањоятон амалї мешаванд! Дар дунё чизе бењтар нест аз зистан барои лаззатњои худ!
Дон Жуан. Хулоса, ту њамроњи ман меравї ва силоњи маро меорї, то ки…. (Дона Элвираро мебинад). Чї вохўрии дилхоњ! Маккор! Маккор! Чаро ту нагуфтї, ки ў дар њамин љост?!
Сганарел. Охир шумо инро напурсидед.
Дон Жуан. Тамоман аќлашро хўрдааст, ки пироњани сафариашро дигар накарда, давида омадааст.

Њолати 3.
Њамонњо ва Элвира.
Дона Элвира. Лутфан маро мешиносед, Дон Жуан? Аќалан ба он умед баста метавонам, ки лутфан, марњамат карда, ба ин љониб назар мекунед?
Дон Жуан. Иќрор мешавам, бону, ки дар њайратам. Умед надоштам, ки шуморо дар ин љой мебинам.
Дона Элвира. Мебинам, ки маро интизор набудед. Дар њаќиќат, дар њайрат афтодаед, вале на ба он сабабе, ки ман умед доштам. Њайрати шумо маро бовар  мекунонад ба он чи, ки њељ бовар кардан намехостам. Ќоилам ба соддадилии худам ва сустии дилам: вай њоло њам ба хиёнати шумо шубња мекунад. Ман чунон гўл будаам, ки худам худамро фиреб дода, њар як амали шуморо њаќ мебаровардам ва њатто дар фирори бошитоби шумо њам худамро гунањгор мекардам. Вале истиќболи сарди шумо њамаашро маълум кард. Ба њар њол, мехостам, ки сабаби сафари шуморо пурсам. Гўед, Дон Жуан, бубинем, ки худатонро чї хел сафед мекунед.
Дон Жуан. Хонум, ана дар пешатон Сганарел. Вай медонад, ки чаро рафтам.
Сганарел. Ман, љаноб? Бо марњамати шумо ман чизеро намедонам, љаноб.
Дона Элвира. Гўед, Сганарел, ба ман фарќ надорад.
Дон Жуан. Гўй, охир.
Сганарел. Чї гўям, охир?
Дона Элвира. Модоме, ки ба шумо амр меунанд, гап занед!
Сганарел. Намедонам чї гўям! Шумо хизматгорро дар вазъи нобоб мондед…
Дон Жуан. Ту гап мезанї, ё не?
Сганарел. Хонум!
Дона Элвира. Хўш….
Сганарел. Хонум! Љањонкушоён… Искандари Зулкарнай… Оламњои дигар…. Ана њаминњоянд сабаби сафари мо. Ба шумо њамин ќадар арз карда метавонам!
Дона Элвира. Шояд худи шумо, Дон Жуан, ин сирро мефањмонед?
Дон Жуан. Хонум, росташро гўям…
Дона Элвира. Барои ашрофзодае чун шумо њимоя кардани худ чунин мушкил аст? Чаро пироњани бешармї пўшида, рўи сиёњатонро сафед намекунед? Чаро ќасам намехўред, ки барои корњои бузурги давлатї шуда маро бе огоњї тарк кардеду бе ман чун тани бељон азият мекашед? Ва боз андаки дигар ин љо банд шуда чун љон ба сўи тан мешитобед ва ман бояд ба хонаам рафта шуморо интизор шавам? Ана чї хел бояд худро њимоя кунед, на ин ки худатонро гум карда лолу њайрон монед!
Дон Жуан. Рости гап, хонум,  ман аз ўњдаи дурўѓ ва риёкорї баромада наметавонам. Ман намегўм, ки эњсоси ман ба шумо мисли пешина боќист. Модоме, ки рафтам, пас, аз шумо рафтам, вале на ба он сабабе, ки шумо гумон мекунед. Гап дар сари он аст, ки виљдонам азоб дода, дар дилам шубњањо пайдо шудаанд ва маро пушаймон карданд, аз ѓазаби осмон тарс доданд. Охир ин кори мо, ин никоњи мо ѓайр аз фањши рўйпўшона чизи дигаре набуд?! Ва ба мо ѓайри љазои осмон дигар чизе намемонад! Охир ба хотири издивољ ман шуморо аз ибодатхона дуздидам ва шумо ќасамњои худро дар назди муќаддасот шикастед. Ана барои њамин шуморо тарк кардам. Ва ба завлонањои аввалаи худ баргаштам. Наход шумо ба иродаи неки ману осмон зид баромада маљбур кунед, ки маљбуран шуморо дўст дорам ва бо ин ѓазаби осмонњоро ба худ равона кунам? Наход, ки….
Дона Элвира. Кифоя. Акнун дилу нияти туро фањмидам. Аммо афсўс, ки хеле дер! Аз ин ањволам бадтар шуд, ки бењтар не. Вале дониста мон, ин гуноњи ту бељазо намемонад! Осмон, ки ўро тањќир мекунї, аз ту ќасосашро мегирад!
Дон Жуан. Шунидї, Сганарел? Осмон!
Сганарел. Эњња! Ефтаанд тарсончакашонро!
Дон Жуан. Хонум….
Дона Элвира. Кофист. Дигар њељ чизро шунидан намехоњам. Худам гунањгор, ки барои тањќири худам ба ту имкон додам. Бояд ба як хулоса оям! Интизор нашав, ки бо суханони пуч лаънат хонаму киноя занам. Осмон туро барои бадањдият љазо медињад. Агар аз ѓазаби осмон тарсе надорї, битарс аз оњи дили зани тањќиршуда! (Меравад).
Њолати 4
Сганарел ва Дон Жуан.
Сганарел. Кош бо ин гапњо виљдонаш бедор мешуд….
Дон Жуан. Акнун дар бораи он андеша мекунем, ки ин бозии ошиќонаамонро чї тавр ба анљом расонем! (Меравад).
 Сганарел. Оњ, ба чї тавр хўљаини хатарноке хизмат мекунам! (Меравад).


ПАРДАИ ДУВВУМ

Соњили бањр.
Њолати I
Шарлота, Пиедро.
Шарлота. Пиедро, чї хушбахтист, ки дар ваќташ пайдо шудї!
Пиедро. Ња, бало занад, андак дер мемондам, њардуяшон ѓарќ мешуданд!
Шарлота. Ба гумонам, шамоли сањар ќаиќашонро чаппа кардааст.
Пиедро. Ту тоќат бикун, ки њамаашро аз аввалааш њикоят кунам: онњоро аввал шуда ман дидам. Ману Лукаи ѓафс дар соњили бањр дар соњили бањр дилхушї карда менишастему аз тањти дил якдигарро лойпошї мекардем. Нохост бинам, дар оби бањр як чиз љумбуљўл карда истодааст. Ман инро бараъло дидам, вале баъд бинам, њељ чизро намебинам! «Њой, Лука, - гуфтам ман. - Ба назарам, касе дар об шино мекунад». «Сафсатаро мон, - гуфт Лука. - Ба чашмат гурба туф кардааст, ба назарат њар чиз менамояд». «Ќасам ба очам,  ки онњо одам њастанд», - гуфтам ман. «Не, дар назарат сароб менамояд», - гуфт ў. «Биё гарав мебандем, гуфтам ман. Онњо ду одаманд ва ба њамин тараф меоянд. Ба дањсўмї шарт мебандем»! «Хуб, гуфт Лука. Ана дањ сўм ба давра партофтам». Ман њам девона нашудаам, ки бозиро бой дињам, њарчанд, ки хеле ба гурда њастам, медонистам, ки бурд бурди ман аст. Даррав чор сўми парижї ба давра партофтаму 5 нимсўмаи туринї. Њоло пула ба давра напартофта будам, ки мисли ана њамин рўи кафи дастам маълум шуду равшан дидам, ки ду кас дар бањр мадад мепурсанд. Зуд пули бурдро гирифтаму гуфтам: «Хуб, Лукаи љон, маро ба ёрї даъват мекунанд. Рафтем»! «Не, гуфт вай. Аз барои онњо шуда ман пуламро бой додам». Ман ўро шарм дорондам ва оќибат хуб шуд, ё бад шуд, ба ќаиќ савор шуда рафтему онњоро халос кардем. Баъд ман онњоро ба хона, назди оташдон бурдам, онњо лублучак шуда худашона хушк карданд. Дар ин ваќт боз ду каси онњо аз ѓарќшавї наљот ёфта омаданд, баъд Матюрина пайдо шуду бо онњо ба чашмакзанї сар кард. Ана чї хел воќеањои аљиб рўй доданд!
Шарлота. Гуфтї, ки яктоаш бисёр хушрўй аст?
Пиедро. Ња, вай хўљаинашон, аз афташ, калоншавандаи баобрў, либосаш тиллокорї шудааст, хизматгораш њам ба хўљаинњо монанд. Лекин њазор калону баобрў набошад њам, агар ана њамин шери нар, ана њамин йигит намебуд вай гурба барин дар бањр ѓарќ мешуд!
Шарлота. Ин ќадар воњима накун!
Пиедро. Ќасам ба очаам, агар камтар дер мекардем, љонашро ба љаббор месупорид!
Шарлота. Вай њоло њам дар хонаат луб - лучи модарзод аст?
Пиедро. Э, не. Либосашонро пўшиданд. Худоё ман ин хел либосро дар умри сарам надида будам: тугмањо ќатор - ќатор, лентањои ранга ба ранг.
Шарлота. Ман баъди ин гапњои ту њатман бояд онњоро бинам.
Пиедро. Вале аввал маро гўш кун, як гапи муњим дорам.
Шарлота. Чї гап будааст? Гап зан.
Пиедро. Ту медонї, ки ман туро наѓз мебинам? Туро ба занї гирифтан мехоњам? Лекин ба Худо, ки аз рафтори ту розї нестам!
Шарлота. Барои чї?
Пиедро. Аз барои он, ки… Ба очам ќасам, ки маро хафа мекунї!
Шарлота. Бо чї туро хафа мекардам?
Пиедро. Охир ту маро наѓз намебинї - ку?
Шарлота. Уф, њамааш њамин?
Пеиро. Њамин ва њамин бас аст!
Шарлота. Худоё! Ту фаќат ба ман њамин як гапро мегўї!
Пиедро. Ман ба ту њамеша як гапро мегўям, барои он, ки дар байни мо фаќат як гап њаст ва агар байни мо њамин як гап намешуд, ман њамеша ба ту як гапро намегуфтам!
Шарлота. Ба ту чї даркор аст!?
Пиедро. Бало занад, ман мехоњам, ки ту маро наѓз бинї!
Шарлота. Магар ман туро наѓз намебинам?!
Пиедро. Не, наѓз намебинї. Ман љон меканам,  ки маро ту дўст дорї, барои ин аз савдогарњои ба ќишлоќ омада латта - путта мехарам, ба дарахт баромада, бароят чўљањои фотимачумчуќро мегирам, ѓижжакнавозонро киро мекунам, ки дар зодрўзи ту навозанд! Медонї, Шарлота, дўст надоштани касе, ки туро дўст медорад, кори нохуб ва беинсофист!
Шарлота. Худољон-е, охир ман туро дўст медорам!
Пиедро. Њамин њам дўстдорї шуд?
Шарлота. Охир туро чї хел дўст доштан даркор?
Пиедро. Мисли дигарон, ки њаќќонї дўст медоранд.
Шарлота. Чї, ман туро њаќќонї дўст намедорам?
Пиедро. Неъ! Ваќте, ки њаќќонї дўст медоранд, ин ба њама маълум мешавад. Чињое намекунанд касоне, ки њаќќонї дўст медоранд! Ана, ба Томаси ѓуладинг нигар, ки чї тавр Робен бо ў часпон аст! Ин тараф њам гузарад, як шўхї мекунад, он тараф њам гузарад! Њатто як бор ба буни гарданаш фуровард! Ту бошї, кунда барин карахт, бист бор њам аз пешат гузаранд, хапу дам меистї, на ягон шапалоќ мезанї, на як бор мепучї! Ин хелаш намешавад! Охир ту ягон њиссиёт надорї!
Шарлота. Худо феъли маро њамин хел кардааст, дигар кардан мушкил.
Пиедро. Ана халос! Феъл ба ин љо чї дахл дорад? «Худо феъли маро њамин њел кардааст» будааст. Агар яккаса дўст дорї, бояд бо ягон восита изњор кунї!
Шарлота. Чї хеле метавонам, дўстат медорам, агар камї кунад, рав, ягон каси дигарро дўст доштан гир!
Пиедро. И-и, хафа шудї? Ана халос! Э, гўш кун, ба ман чизи дигар лозим! Агар ту маро дўст медоштї, њамин гапњоро мегуфтї?!
Шарлота. Охир бо ин гапњоят сари маро гаранг мекунї!
Пиедро. Ё тавба, чї њарфи баде гуфтам? Фаќат мехоњам, ки ту бо ман мењрубонтар муносибат бикунї!
Шарлота. Набошад, ба ман ин ќадар чаќќа нашав. Агар дар ин бора камтар гап занем, шояд муњаббат зиёдтар шавад?
Пиедро. Набошад, чака парто, Шарлота!
Шарлота. Майлаш. (Даст медињад).
Пиедро. Фаќат ваъда дењ, ки танњо фикри бештар дўст доштани маро дар сарат љой медињї!
Шарлота. Уф, ба кўшиш - мекўшам, вале ин эњсос бояд худаш пайдо шавад! Эњ, вай кист, Пиедро? Њамон љаноби гуфтагии ту нест?
Пиедро. Ња, худи худаш.
Шарлота. Худоё, вай чи хел наѓзакак! Њайф мебуд, агар ѓарќ мешуд.
Пиедро. Баъди ин ќадар ташвишњо рафта якта шароби талх зада, каллаамро ба љояш наорам, намешавад! (Меравад).

Њолати 2.
Дар гўшаи дури сањна Дон Жуан ва Сганарел. Наздик меоянд.
Дон Жуан. Кори мо барор накард: мадди оби бањр дар баробари фикру андешањоямон ѓайричашмдошт ќаиќамонро њам чаппа кард. Лекин њамон дењотидухтаре, ки навакак хайрухўш кардам, кусури азобњои моро баровард. Њамин ќадар наѓзакак будааст, ки алами ин нобарориро ќариб фаромўш кардам. Дилашро ёфтам, дере нагузашта оњувоњу заъфи дили ман њусни хотима хоњанд ёфт!
Сганарел. Ба худо, ки љаноб, аз кори шумо дар њайратам: навакак аз хатари  марг наљот ёфтем, вале шумо ба љои шукру тавба аз осмон барои ин мењрубониаш бо тамоми вуљудатон мекўшед, ки вай боз борони ќањру ѓазабашро ба сари шумо резад. Бо найрангњои беохири ошиќонаатон….(Дон Жуан ба ў тањдид мекунад.) Шуд, шуд, љаноб. Шумо худатон наѓз медонед, ки чї кор мекунед. Рафтем волоњазрат…
Дон Жуан (Шарлотаро дида). Оњњо, боз ин дењотидухтари парї аз куљо пайдо шуд? Вай аз духтари нав дидаамон камтар нест –а?
Сганарел. Рост, рост. (Ба як тараф). Боз сар шуд.
Дон Жуан. Барои кадом некиам Худованд ин вохўрии наљибро бо шумо лоиќ кардааст? Наход, ки дар ин дењаи дурдаст, байни дарахтону харсангњои лаби бањр чунин як паридухтари ростинаро вохўрдан мумкин бошад?
Шарлота. Чї хеле, ки мебинед, љаноб….
Дон Жуан. Шумо аз њамин дења њастед?
Шарлота. Бале, љаноб.
Дон Жуан. Номи шумо чист?
Шарлота- Бо иљозаи шумо Ш- ш- шар- лота, љаноб!
Дон Жуан. Чї љамоли илоњї! Чї чашмони шањлои нотакрор! Шумо бо ин чашмони шањло рост ба дили ман менигаред!
Шарлота. Оњ. Мм- ман аз ин гапњои шумо шарм медорам….
Дон Жуан. На, на! Асло шарм надоред, ваќте ба шумо асли воќеиятро мегўянд! Сганарел, ту ба ин мўъљиза чї бањо медињї? Ку, ин тараф гардед…. Воњ, чї назокати рафтор! Воњ, чї миёни зебо! Вањ, чї рухсори дилљў! Чашмонатонро калонтар кушоед! Чї зебоянд онњо! Дандонњоятонро бинем…. Њай- њай- њай! Чї лабњои нозуки пурхумор! Ин хел духтарро ман дар Париж њам надидаам!
Шарлота. Њукм бар шумост, љаноб, вале шояд маро масхара мекунед?
Дон Жуан. Њаргиз! Ман, ки шуморо самимона дўст медорам, бо камоли самимият сухан мегўям ва ин самимият аз ќаъри дили ман фавора зада мебарояд!
Шарлота. Ин хел бошад, рањмати калон.
Дон Жуан. Ба њар ситоиши ман шумо аз камоли љамоли худ миннатдор бошед!
Шарлота. Шумо бисёр зебо сухан мегўед ва аќли кўтоњи ман намерасад, ки ба шумо љавоби мувофиќ ****.
Дон Жуан. Сганарел! Ба ин дастони зарин нигар!
Шарлота. Э, монед-е, дастони муќаррарї, мисли чўби ќоќ, сип-сиёњ!
Дон Жуан. Шумо чињо мегўед? Ин хел дастонро ягон кас надорад! Иљозат дињед, дастони шуморо бибўсам.
Шарлота. Ин барои ман бахти аз њад зиёд аст. Агар медонистам, пешакї ќумшўй мекардам!
Дон Жуан. Лутфан бигўед, ки њоло шумо ба шавњар набаромадаед?
Шарлота. Лутфан љаноб, набаромадаам, Лекин ба наздикї мебароям: зани Пиедро - писари њамсояамон Симонетта мешавам.
Дон Жуан. Воњ! Наход, ки чунин паризод зани як дењотии оддї шавад?! Инсоф куљост?! Ин маънои онро хоњад дошт, ки љамоли бокамоли шумо тањќир мегардад! Шумо барои дар ин ќишлоќча гумном шудан ба дунё наомадаед! Бароятон сарнавишти бењтаре зарур аст! Ва худи осмон маро ба назди шумо равона кардааст, ки ин издивољи бемаъниро боздорам ва барои таљлили њусни дилорои шумо шароит фароњам оварам! Охир шуморо, Шарлотаи соњибљамол, ман аз жарфнои дилам дўст медорам ва танњо аз иродаи неки шумо вобаста аст, ки ман шуморо аз ин музофоти тираву тор ба пойтахт бараму шумо ба маќоми сазовор соњиб шавед! Ростї, ки муњаббати мо банохост рўй зад, аммо дар пеши ќуввањои фавќуттабиї чора нест: ин иродаи осмон аст, ки ман тавонистам дар муддати чоряк соат он ќадар дўст дорам, ки каси дигарро дар ним сол њам ба ин дараља дўст доштан ѓайри имкон буд!
Шарлота. Гапњои шумо чени дили ману… њайронам, ки ба шумо бовар кунам, ё накунам! Охир ба ман гуфтанд, ки суханњои шумо, шањрињоро бовар накунем, зеро, ки дар сари шумо фаќат як фикр давр мезанад: чї хел карда сари мо духтаронро гаранг карда ба маќсад расидан.
Дон Жуан. Ман аз он мегуфтагињои шумо нестам!
Шарлота. Медонед, љаноб, фиреб кардан њељ хубї надорад. Ман дењотии камбаѓал бошам њам, шараф бароям азизу таљовузнопазир аст! Барои ман мурдан бењтар аст аз гум кардани шарафам!
Дон Жуан. Воњ, наход, ки ман њамин ќадар сиёњдил  бошам, ки чунин духтари шоњи париро фиреб дињам? Наход ман њамин ќадар пастфитрат бошам, ки ба шарафи шумо таљовуз кунам? На, на! Виљдони љавониам инро ќабул намедорад! Ман шуморо он ќадар самимона ва љунунона дўст медорам, ки ѓайри шуморо ба занї гирифтан дигар, Шарлотаи соњибљамол, нияте дар сарам пайдо намешавад! Ба шумо боз чї далеле лозим аст? Ман тайёрам, ки дар њар ваќти дилхоњатон бо шумо аќди никоњ бандам. Ана, ин одам падарвакили мо мешавад!
Сганарел. Ња, бовар кунед. Ин кас чи ќадар, ки хоњед, никоњ бастан мегирад!
Дон Жуан. Оњ, Шарлотаи азиз! Мебинам, ки њоло њам маро намешиносед! Аз боиси мардњои дигар ба ман бањо додани шумо камоли беинсофист! Шояд дар олам маккороне вуљуд дошта бошанд, ки танњо дар фикри таљовузи духтарон бошанд, Лекин маро аз ин рўйхат бароред ва ба самимияти ман шубњае накунед. Лозим ба ёдоварист, ки љамоли баркамоли шумо сипари боэътимоди шумост аз њама гуна макру фиреб: шумо на аз зумраи он дењотиёни соддаед, ки фиреб додан имконпазир бошад. Агар гап дар бораи ман равад, диламро њазорон бор бо ханљар чок мекардам агар танњо нияти фиреби шумо дар сари ман пайдо мешуд!
Шарлота. Худоё! Намедонам, ки шумо рост мегўед, ё дурўѓ, лекин чени дили ман мегўед ва ман ба шумо бовар мекунам.
Дон Жуан. Инак, Шарлотаи азиз, шумо њамсари ман шудан мехоњед?
Шарлота. Ња, ба шарте, ки холаам розї шаванд.
Дон Жуан. Набошад даст дињед. Модоме, ки худатон розї њастед.
Шарлота. Лекин, љаноб, аз шумо хоњиш мекунам, ки маро фиреб надињед. Мебинед, ки ман ба шумо бовар мекунам….
Дон Жуан. Шумо чињо мегўед? Наход, ки њоло њам ба самимияти ман шубња дошта бошед? Хоњед ќасам мехўрам, ки агар дурўѓ гўям, бигузор осмон….
Шарлота. Не, не. Худоё, ќасам нахўред. Бе ќасам њам бовар мекунам!
Дон Жуан. Пас ба нишони ризоият маро якборакак бўсед!
Шарлота. Эњ, љаноб, андак сабр кунед. Њамин ки никоњ кардем, њазор бор њам бўса кардан мегирам.
Дон Жуан. Хуб, Шарлотаи соњибљамол, њарчї дили шумо мегўяд, дили ман ќабул медорад. Фаќат дастатонро дињед, ки бо њазор бўса ифода кунам мењру оташи муњаббати сўзандаву созандаи худро!

Њолати 3.
Њамонњо ва Пиедро.
Пиедро (Дон Жуанро, ки дасти Шарлотаро мебўсад, тела медињад). Њой љаноб, лутфан он тарафтар равед, ки њарорататон хеле баланд шудааст. Боз зукому гулўдард нашавед.
Дон Жуан (Пиедроро тела медињад). Ин аблањаш боз кист?
Пиедро (байни Шарлотаву Дон Жуан медарояд). Љаноб, онтарафтар истеду ба арўсњои мо чаќќа нашавед!
Дон Жуан (боз ўро тела медињад). Чї дод мезанї? Кар нестем!.
Пиедро. Бало занад, чаро ин хел тела медињед?
Шарлота. Ба ин љаноб кордор нашав Пиедро!
Пиедро. Чаро кордор намешудам? Ман ба вай иљозат намедињам, ки….
Дон Жуан. Оњњо!
Пиедро. Бало занед, мо фањмидем, ки шумо бойбача, аммо ин ба шумо иљозат намедињад, ки дар таги бинии мо бо арўсњои мо чумчуќчабозї карда шинед! Равед, ба бевањои худатон чаќа шавед!
Дон Жуан. Чї- ї- ї!? (Як шаппотї мезанад).
Пиедро. Њељ чиз. Бало занад, маро назанед. (Боз як шаппотї). Бало занад. (Боз шаппотї). Э, бало занад, љин занад! Ин хели бад њам намешавад -да! Ба одами шуморо аз ѓарќшавї наљотдода њамин хел миннатдорї мекунед?
Шарлота. Ба дил нагир, Пиедро.
Пиедро. Ба дил мегирам! Ту фоњишаї, ки имкон медињї туро бўсанд!?
Шарлота. Не, Пиедро. Ин чизи тамоман дигар аст - ин љаноб мехоњанд, ки маро ба занї гиранд. Барои њамин хафа нашаву беташвиш бощ.
Пиедро. Чї хел? Девонагї аз ин зиёд мешавад? Охир ту ба ман фотења шудаї!
Шарлота. Хайр чї? Агар ту маро дўст дорї, бояд хурсанд шавї, ки ман ашрофзан мешавам.
Пиедро. Номаъќул кардї! Барои ман, то зани ин мардак шудана љо ба љо мурї бењтар!
Шарлота. Зиќ нашав, аз ин ту њам фоида мебинї, ба хонаи ман равѓану панир меориву ман бо нархи ќиммат мехарам.
Пиедро. Дањ баробар њаќ дињї њам, ман ба ту як хас њам намефурўшам! Љин занад, агар оќибаташро медонистам, њаргиз аз об кашола карда намебаровардам! Баръакс бо бели ќаиќ ба сараш наѓзакак мекўфтам!
Шарлота. Ќишлоќї!
Дон Жуан. Чї гуфтї?
Пиедро (дар ќафои Шарлота руст шуда). Ман аз њељ кас наметарсам!
Дон Жуан. Њоло  ист….
Пиедро. Э ман туф кардам ба савлатат!
Дон Жуан. Э, исто….
Пиедро (боз дар ќафои Шарлота руст шуда). Ту барин бодињоро бисёр дидаем!
Дон Жуан. Оњњо!
Сганарел. Э, љаноб, ин бечораро ба њолаш монед. Ўро задани шумо гуноњ аст. (Байни Дон Жуану Пиедро медарояд). Гўш кун, марди хуб, ту њам ин ќадар љоѓ назану ба хубї аз ин љо рав.
Пиедро. Ман љоѓ задан мегирам, аз њељ кас наметарсам!
Дон Жуан. Ман ба ту нишон медињам нотарсиро!

Пиедро сарашро хам мекунад, шаппотї ба Сганарел мерасад.

Сганарел. Эњ, аблањи маккор!
Дон Жуан. Ана ин љазои рањмдилиат!
Пиедро. Рафта њамаашро ба холаат гуфта медињам! (Меравад).

Њолати 4
Шарлота, Дон Жуан, Сганарел.
Дон Жуан (ба Шарлота). Инак, дере намегузараду ман хушбахтарин аз хушбахтони олам мешавам. Њељ чизро бо бахти асил иваз кунам! Чї ќадар лаззатњо маро интизор аст баъди он, ки шумо зани ман мешавед… Ва он гоњ….

Њолати 5
Њамонњо ва Матюрина.
Сганарел. Вой, вой, вой! Љаноб… Омад!
Матюрина (ба дон Жуан). Љаноб дар ин љо бо Шарлота чї кор мекунед?! Шояд бо вай њам дар бораи ишќ гап мезанед?
Дон Жуан (ба Матюрина; паст). Аз сўњбати мову шумо рашк мекунад. Вай хост, ки ўро ба занї гирам. Лекин ман ба вай гуфтам, ки танњо шуморо дўст медорам!
Матюрина. Шарлота, наход, ки њамин хел бошад?
Дон Жуан (ба Матюрина). Бо вай гап задан бефоида аст. Ишќро ба худаш талќин карда аз ин фикр халос шуда наметавонад.
Матюрина. Магар, ки….
Дон Жуан (ба Матюрина паст). Магар ин ќудрати фањмидани гапро дорад?
Шарлота. Ман мехостам донам, ки….
Дон Жуан (ба Шарлота). Охир ин мисли шайтон якрав аст.
Матюрина. Ба њар њол….
Дон Жуан (ба Матюрина). Ба ин бечора чизе нагўед, охир ў девона аст!
Шарлота. Ба фикри ман….
Дон Жуан (ба Шарлота). Бо ин баробар нашвед, вай љунун дорад.
Матюрина. Не, не, ман бояд бояд бо вай гап занам.
Шарлота. Мехоњам донам, ки ў чї фикре дорад!
Дон Жуан (ба Матюрина). Гарав мебандам, ки ин њозир мегўяд, ки ман ба ў ваъдаи ба занї гирифтанро додам.
Шарлота. Ман….
Дон Жуан (ба Шарлота). Ќасам ба виљдонам, ки мегўяд, ки ман барои ба занї гирифтани ў ќасам хўрдаам!
Матюрина. Њой, Шарлота, пеши роњи дигаронро гирифтан хуб нест!
Шарлота. Кори хуб нест, ки аз сўњбати ману љаноб рашк мекунї!
Матюрина. Ин сенйор аввал маро дида буд.
Шарлота. Маро дуюм дида бошад њам, ваъда кард, ки ба занї мегирад.
Дон Жуан (ба Матюрина). Дидед, ман чї гуфта будам?
Матюрина. Људо мебахши-да! Вай ваъда дод, ки маро ба занї мегирад.
Дон Жуан (ба Шарлота). Пешгўиям рост баромад?
Шарлота. Ба дигарон афсона хондан гир, лекин вай ба ман ваъда додааст!
Шарлота. Ана, худаш дар њамин љост, худо барин дар болои сарамон рост истодааст, худаш гўяд, ки чї гуфтааст.
Матюрина. Рост. Худаш росташро гўяд, ки ба кї росташро гуфтааст.
Шарлота. Шумо ба ин ваъда додед, ки инро ба занї мегиред?
Дон Жуан. Шумо маро масхара мекунед? Њамин њам гап шуд?
Матюрина. Ин рост, ки шумо ба вай ваъдаи ба занї гирифтани ўро додаед?
Дон Жуан. Аз куљо ба сари шумо ин фикр омад? Хара хандаю буза бозї!
Шарлота. Ана, дидї, гапи маро тасдиќ мекунад!
Дон Жуан (ба Шарлота). Монед, њарчї хоњад, гуфтан гирад.
Матюрина. Шоњид шав, ки вай гапи маро њаќ баровард.
Дон Жуан (ба Матюрина). Монед, лаќќидан гирад.
Шарлота. Не, њаќиќатро донистан даркор!
Матюрина. Не, аниќи кора донистан даркор!
Шарлота. Ња, мехоњам, ки ин љаноб дами нафаси туро паст карда монад.
Матюрина. Ман мехоњам, ки ин сенйор ба таги биниат якта наѓзакак фарорад.
Шарлота. Марњамат карда бањси моро анљом дињед, љаноб.
Матюрина. Њукматонро бароред, љаноб!
Шарлота. Њозир мебинем.
Матюрина. Њозир њамаашро худат мебинї!
Шарлота. Хайр, гўед….
Матюрина. Гўед, охир…
Дон Жуан. Ман охир чї гўям? Њардуятон даъво мекунед, ки ман ба шумо ваъдаи издивољро додам. Магар ба њар кадоми шумо асли масъала маълум нест? Ва наход, ки боз зарурате ба ташрењи ман боќї монда бошад? Чаро ман бояд такрор кунам ваъдањоямро? Магар ба оне, ки  ман ваъдаи њаќиќї додам, њамин кофї нест, ки ба њоли дувумї хандаду дигар ташвиш накашад, модоме, ки ман ба ваъдаам вафо мекунам? Аз сухан ягон кор пеш намеравад! Амал мебояд, на лаќќидан. Амал бањсро тасдиќ мекунад. Ана њамин тавр ба бањси шумо нуќта мегузорам ва рўзи тўйи ман њама хоњанд донист, ки кадоме аз шумо бонуи дили ман мешавед! (Ба Матюрина). Монед, њарчи хоњанд, фикр кардан гирад. (Ба Шарлота). Бигузор њарчи тасаввур кардан гирад. (Ба Матюрина). Ман шуморо девонавор дўст медорам! (Ба Шарлота). Ман батамом моли шумоям! (Ба Матюрина). Дар назди љамоли шумо њама занњои дигар мисли девона менамоянд. (Ба Шарлота). Баъди дидори шумо њама занњои дигар дар назарам мисли бало метобанд. (Баланд, ба њама). Ман бояд баъзе амру фармонњоямро ба марказ расонам, баъди чањоряк соат њозир мешавам. (Меравад).

Њолати 6.
Шарлота, Сганарел, Матюрина.
Шарлота. Њаминаш аниќ, ки маро дўст медорад.
Матюрина. Њаминаш аниќ, ки маро ба занї мегирад.
Сганарел. Эњ, духтарони содда, дилам ба софдилии шумо месўзад, тоби дидани онро надорам, ки чї тавр худатон бо пойи худатон ба ѓори фано равонаед. Њарду ба ман гўш дињед: ба ин афсонањои ин бовар накунед, фикру зикратонро аз њамин дењаи хурдакаки худатон дур насозед.

Њолати 7.
Њамонњо ва Дон Жуан.
Дон Жуан (ба Сганарел). Чї шуд, ки њамроњи ман наомад?
Сганарел. Хўљаини ман як дурўѓгўи гузаро аст, дар сараш фаќат як фикр чарх мезанад: чї хел шуморо гўл занад. Чї ќадар духтарњоро вай ањмаќ кардааст! Э, вай тайёр аст њамаро ба занї гирад ва…. (Дон Жуанро дида, гапашро дигар мекунад). вале ин дурўѓ аст… ва агар касе ба шумо гўяд, ки вай дурўѓгўй аст, ба вай гўед, ки худат дурўѓ мегўї! Хўљаини ман њељ ваќт тайёр нест, ки њамаро ба занї гирад! Вай умуман фиребгар нест, дар фикри он њам нест, ки касеро ањмаќ кунад, вай дар умраш касеро гўл назадааст. Ња, њамин хел. Ана худаш…. Бењтараш аз худаш пурсед.
Дон Жуан. (Аз бадие гумонбар шуда). Њоло њамин хел?
Сганарел. Волоњазрат, дунё пур аз бадхоњон аст ва ман ба инњо фањмондам, ки мабодо ягон кас дар њаќќи шумо бадгўї кунад, бовар накунанду ба вай гўянд, ки худаш дурўѓ мегўяд!
Дон Жуан. Сганарел!
Сганарел. Ња, ман њам ќасам мехўрам, ки хўљаини ман одами дурўѓгў не.
Дон Жуан. Мм….
Сганарел. Фаќат бадхоњонаш дар њаќќи ў дурўѓ мегўянд.
Дон Жуан. Ман бояд бо як кори таъљилї ба пойтахт равам, вале аз шумо таманнои онро дорам, ки ваъдаи маро ёд доред ва њељ шак накунед, ки на дертар аз шоми фардо аз ман огоњиномаи тўйро мегиред.
Шарлота ва Матюрина мераванд.
Сганарел. Тинљї њаст, хўљаин?
Дон Жуан. Ман одамони яроќнокеро дидам, ки маро мељўянд. Ќуввањо баробар нестанд ва мо бояд айёрї кунему пеши мусибатро гирем. Зарур аст, ки ту Сганарел либоси маро пўшию… ман…
Сганарел. Э, не- е, љаноб! Маро шумо гумон карда кушанд!? Рањмат, љаноб.
Дон Жуан. Зуд бош! Ман туро шарафманд кардан мехоњам! Хушбахтарин хизматгор њамонест, ки барои хўљаинаш бошарафона љон месупорад!
Сганарел. Барои чунин шарафманд гардониданатон њазор рањмат, љаноб. (Танњо мемонад). Худољон, мурдан њаќ аст, вале бигузор њељ ваќт маро каси дигар пиндошта, ба љои каси дигар накушанд!

ПАРДАИ САВВУМ
Њолати 1.
Дон Жуан дар либоси дењќон, Сганарел дар либоси табиб.
Сганарел. Бовар кунед, љаноб, њилаи ман бењтар аст: њам пинњон медорад, њам бењтар аз шамшер муњофизат мекунад.
Дон Жуан. Башараат баљо асту ин либоси аблањонаро аз куљо ёфтї?
Сганарел. Ин либоси як табиби пир будааст, ки ба гарав мондааст. Ман пули бисёр дода онро харидам. Акнун маро табиб гумон карда њама салом медињанду маслињат мепурсанд.
Дон Жуан. Э, не- е! Ва ту албатта гуфтї, ки балоро њам намедонї?
Сганарел. Ман кўшидам, ки шарафи либосамро нигоњ дорам: маслињат њам додам, дору њам навишта додам.
Дон Жуан. Чї хел дору? Ту доруњоро медонї?
Сганарел. Њарчї ба сарам омад. Ќизиќ мешуд агар беморњои ман шифо ёфта ба наздам омада миннатдорї баён мекарданд.
Дон Жуан. Чаро не? Табибони њаќиќї хеле каманд ва фаќат тасодуфњои хушбахтона обрўи табибонро мебардорад.
Сганарел. Чї хел, љаноб? Шумо ба тиб њам бовар надоред?
Дон Жуан. Тиб яке аз иштибоњњои бузургтарини инсон аст.
Сганарел. Чї хел? Шумо њатто ба баргњои Александрияву чукриву шароби Ќай њам боварї надоред?
Дон Жуан. Чаро ман ба онњо бояд бовар кунам?
Сганарел. Шумо ба ягон чиз боварї надоштаед, љаноб. Масъалан, шароби Ќай шаккоктарин шаккокњои оламро њам бовар кунонидааст.
Дон Жуан. Вай чї мўъљиза доштааст?
Сганарел. Як бемор њафт шабу њафт рўз љон канда буд, њама доруњоро хўронданд, фоида накард. Вале шароби Ќай доданд, ки….
Дон Жуан. Сињат шуд?
Сганарел. Не, мурд.
Дон Жуан. Таъсири олиљаноб доштааст.
Сганарел. Албатта. Охир њафт шабонарўз љон канда буд, вале баъди Ќай зуд осоиш ёфт.
Дон Жуан. Ту њаќ. Бењтарин дору будааст!
Сганарел. Хайр, бало ба паси тиб. Аздусар, ба вай бовар надоред. Азбаски ин либос маро ба олимњои доно монанд мекунад, мехоњам бо шумо бањс кунам. Охир мусоњиба ба шумо маъќул аст, фаќат панду насињатро намеписандед.
Дон Жуан. Хўш….
Сганарел. Мехостам, ки таги дили шуморо фањмам. Наход, ки шумо ба осмон бовар надошта бошед?
Дон Жуан. Осмонро ба як тараф мон.
Сганарел. Њамчунин, яъне лутфан, марњамат карда гўед, ки ба Иблис чї?
Дон Жуан. Ана, ёфтї!
Сганарел. Ба ин њам на чандон. Ба њаёти баъди марг чї?
Дон Жуан. А- а- ња- ња- ња!
Сганарел. Ман шуморо ба дин њидоят карданї нестам, вале шумо нисбат ба «Роњиби сиёњ» чї фикр доред?. Њамоне, ки шаби мавлуд дар шакли шабањ пайдо шуда сайёњони рањгумзадаро метарсонанд?
Дон Жуан. Э, дафъ шав, бо ин гапат. Сахт тарсондї. Таги дор барї њам, ба њаќиќати «Роњиби сиёњ» бовар дорам.
Сганарел. Умуман, љаноб, ба ягон чиз бовар доштан лозим. Шумо ба чї боварї доред?
Дон Жуан. Ба чї эътиќод дорам?
Сганарел. Ња, ба чї?
Дон Жуан. Ба он, ки ду карат ду чор асту чор карат ду њашт.
Сганарел. Олитарин эътиќод, боэътимодтарин далел. Пас, дини шумо њисоб аст, далели шумо раќамњо! Чунин фикрњо танњо дар сари одамњои хонагї пайдо мешаванд. Ман, љаноб, нахондаам, вале оламро аз ягон китобхон камтар намедонам! Наѓз медонам, ки ин љањон мисли замбурўѓ дар як рўз пайдо нашудааст. Кї охир ин осмону замин, дарахтњо, кўњњоро ба вуљуд овардаст? Ана, худи шуморо мисол гирем: худ ба худ пайдо нашудаед, агар модари шумо аз падаратон њомила намешуданд. Аммо њама узвњои батартиб љойшудаи бадани мо шуморо ба њайрат намеорад? Асаб, устухонњо, шуш,











(сањифаи 25 нест)


















Дон Жуан. Пас, ту бояд ба ягон чиз эњтиёљ надошта бошї.
Гадо. Бовар кунед, љаноб, ман тамоман ќашшоќам.
Дон Жуан. Ана, халос! Ту ба хизматат мукофоти бад мегирифтаї! Як кори дигар мекунем: ман ба ту як луидор медињам, бар ивазаш ту осигї мекунї!
Гадо. Худо нигањ дорад, љаноб. Наход шумо хоњед, ки ман осї шавам?
Дон Жуан. Кори ту: хоњї, гир, нахоњї нагир. Ана би н, тангаи тилло аз они ту мешавад, агар осигї кунї. Ку, ягон сухани куфр бигўй.
Гадо. Љаноби волоњазрат….
Дон Жуан. Набошад онро дигар намебинї.
Сганарел. Хайр, каматаракак куфр гўй, зарар надорад.
Дон Жуан. Тиллоро гиру куфр бигўй!
Гадо. Не, љаноб. Аз гуруснагї мемураму осигї намекунам!
Дон Жуан. Хайр, гир аз њисси одамдўстї мебахшам…. Эњ, худаш чї гап? Ба як кас се нафар хуљўм мекунанд?! Ќуввањо тамоман нобаробаранд. Ман тоќати тањаммули ин пастфитратиро надорам! (Шамшерашро гирифта мераравад).

Њолати 3.
Сганарел  танњо.
Сганарел. Хўљаини ман љасур асту худаш ба сари худаш бало мехарад. Вале ёриаш кор дод: дукаса се касро гурезонданд!

Њолати 4.
Сганарел дар ќафо, дар пеш Дон Жуан ва Дон Карлос.
Дон Карлос (шамшерашро ба ѓилоф андохта). Гурехтани ин роњзанон шањодат медињад, ки хизмати дўстонаи шумо барои наљоти банда чї ќадар бузург аст. Иљозат дињед, љавонмарди некдил, барои рафтори олињимматона ба шумо арзи сипос кунам!
Дон Жуан. Ман хизмате накардаам, љаноб. Шумо њам ба љои ман мебудед, айнан њамин хел рафтор мекардед. Шарафи мо дар ана чунин набардњо муайян мешавад. Вале ин бешарафњо чунон бешарафї карданд, ки бетарафї маънои ба ин бешарафї њамроњ шуданро медошт! Шумо чї тавр ба дасти онњо афтидед?
Дон Карлос. Ман тасодуфан аз њамроњонам људо шудам. Пайи онњоро гирифта мерафтам, ки ба инњо рў ба рў омадам. Аввал аспамро куштанд, агар шумо расида намеомадед, худамро њам чунон мекарданд.
Дон Жуан. Шумо ба шањр баромадан мехостед?
Дон Карлос. Бале, аммо ба худи шањр даромаданї нестем. Ману бародарам маљбурем, ки барои њимояи шарафи худ дар ин музофот шахсеро љўем, ки дар њаќќи мо ѓаризаи нафратангезеро раво дидааст.
Дон Жуан. Вай чї кор кардааст?
Дон Карлос. Воќеае рўй додааст, ки дигар ба пинњон кардани он зарурате нест. Бешарафї он аст, ки хоњари моро аз ибодатхона рабуда таљовуз карданд. Гунањгори ин њодисаи нангин Дон Жуан Танерино, писари Дон Луис Теорино аст. Мувофиќи хабари хизматгорамон вай њамин пагоњї ба соњили њамин бањр фаромадааст, вале мо боз паяшро гум кардем.
Дон Жуан. Шумо, љаноб бо худи Дон Жуан шинос њастед?
Дон Карлос. Не, ягон бор рўбарў наомадаам, аммо аз суханони бародарам маълум аст, ки разил аст ва њаёташ манфур….
Дон Жуан. Бо илтифоти шумо, љаноб суханатонро мебурам. Вай дўсти љонии ман аст ва шунидани њарфи бад дар њаќќи ў бароям ѓояти пастфитратї аст.
Дон Карлос. Аз муњаббати шумо, дигар дар бораи вай як њарфи бад намегўям. Вале њар ќадар дўсти љонї бошед, ба гумонам рафтори ўро дастгирї намекунед ва бароятон нияти ќасоси мо тааљубовар нест!
Дон Жуан. Баръакс, ба шумо хизмат кардан мехоњам. Ман дўсти Дон Жуан њастам. Њељ мумкин нест, ки ў шарафи ашрофонро доѓдор кунад ва ман коре кунам, ки ў талаби шуморо ќонеъ гардонад.
Дон Карлос. Баъди ин тањќир вай чї гуна метавонад талаби моро ќонеъ кунад?
Дон Жуан. Чї талабе, ки шумо сазовор донед: метавонам ўро дар ваќту соати фармудаи шумо дар љои ба шумо мувофиќ њозир созам.
Дон Карлос. Ин хизмат дилњои озурдаро шод мегардонад, аммо њоло, ки аз шумо ба љон ќарздорам, аламовар аст, ки шуморо дар наќши њакам бинам.
Дон Жуан. Ман бо Дон Жуан он ќадар ќаринам, ки агар вай биразмад, ман њам бояд дар бари ў истода биљангам, вале ман ќавм медињам, ки ўро ба љои гуфтаи шумо меорам, то шумо ќасоси худро аз ў бигиред.
Дон Карлос. Худоё, таќдир чї берањм аст ба ман. Ман аз шумо љон ќарздорам, вале Дон Жуан дўсти шумост.

Њолати 5.
Њамонњо ва Дон Алонсо бо њамроњонаш.
Дон Алонсо (њоло Дон Жуан ва Дон Карлосро надидааст). Ба аспњо об дињед ва аз ќафои ман равона шавед, ман каме пиёда гардиш мекунам. (Њардуро дида). Худоё, ин чї манзараест? Магар имкон дорад, ки додари ман бо душмани љонии хонадони мо њамоѓўш бошад?
Дон Карлос. Бо душмани љонии мо?
Дон Жуан (даст ба ќабзаи шамшераш нињода). Бале, њарчанд шумо бисёреду ман танњо, номи худро пинњон намедорам: ман њамон Дон Жуан њастам!
Дон Алонсо. Оњ, ту аз марг амон намеёбї, хиёнаткор!
Сганарел пинњон мешавад.
Дон Карлос. Истед, бародари азиз! Ў маро аз марг наљот дод! Агар ў намешуд, роњзанњо маро мекуштанд!
Дон Алонсо. Наход, ки ин ба ќасосгирии мо монеъ шавад!? Агар хизмату гуноњи ўро муќоиса кунем, миннатдории шумо боиси хандаву истењзо мегардад. Мо дар назди касе, ки њаётамонро наљот дода, вале шарафамонро доѓдор намудааст, ягон ќарзи маънавї надорем!
Дон Карлос. Бародари азиз, ман њам ќадри шараф ва њаётро медонам, хизмати ин тањќири ба мо расонидаи ўро намепўшонад, вале биё, ба ў имкон дињем, ки ќарзи ба ман додаашро љуброн кунад: мо ќасосамонро фаќат андак мавќуф мегузорем. Бигузор чанд рўзаки дигар аз њаёт бањра барад.
Дон Алонсо. Не, не! Мавќуф гузоштани њаёт хатар дорад, шояд чунин имкон дигар даст надињад. Агар ба шумо малол орад, метавонед аз ин љо равед ва имкон дињед, ки ман бо дастони худам барои шарафи доѓдоршудаамон ўро ќурбонї кунам!
Дон Карлос. Илтиљо мекунам, бародари азизам….
Дон Алонсо. Сухан дигар зиёд шуд. Ў бояд бимирад!
Дон Карлос. Такрор мекунам, бародари азизам, ист. Ќасам ба осмон, ки ўро аз ќасди њар касе набошад, њимоя мекунам! Некияш маро сипари ў гардонидааст! Хоњед, ки зарбаатон љисми ўро пора кунад, мебояд, ки аввал тани маро сўрох кунед!
Дон Алонсо. Чї тавр?! Шумо тарафи душмани маро мегиред? Аз дидани Дон Жуан хуни ман мељўшад, вале шумо ба ў эњсоси мењрубонї боред!?
Дон Карлос. Мо бояд бо аќл кор кунем, додаи эњсос нашавем! Аз он, ки андак ќасосамонро мавќуф мегузорем, айни адлу инсоф мешавад! Ман дар назди душманам ќарздор будан намехоњам!
Дон Алонсо. Оњ, чї сустии нафратангез, чї кўрии мудњиш?! - Шарафи худро ба макри ин риёкор гарав мемонед!
Дон Карлос. На, бародар, беташвиш бошед. Ин хаторо ман содир мекунам, вале тадбир мекунам, ки шарафамонро њимоя кунам. Ин таваќќуфи иљборї оташи њисси ќасоси моро шадидтар мегардонад. Дон Жуан, чї хеле, ки мебинед, ман љавоби неки шуморо баргардондам. Аз ин амал шумо дар бораи мо њукм карда метавонед, ки ќасоси худро низ бо тамоми ќоидањояш ситонида метавонем! Шумо наѓз медонед, ки чї тањќире ба мо раво дидаед ва он чї љуброне металабад! Албатта, роњи мусолења низ њаст, воситањои дурушту хуношом њам. Вале њарчї њам бошад, кадом роњеро, ки шумо интихоб накунед, шумо ваъда додед, ки барои ќонеи талаботи мо Дон Жуанро бо мо рў ба рў мекунед. Хоњиш дорам, ки инро фаромўш накунед ва дар ёд дошта бошед, ки минбаъд ман танњо дар назди шарафи худ ќарздорам!
Дон Жуан. Ман аз шумо талабе надорам, ба ваъдаам вафо мекунам.
Дон Карлос. Меравем, бародари азиз. Тарањњуми якдаќќиќаина ба ќатъияти нияту вазифаи мо халал намерасонад.
Дон Карлос ва Дон Алонсо мераванд.

Њолати 6.
Сганарел, Дон Жуан, муљассамаи Командор.
Дон Жуан. Њой, Сганарел!
Сганарел. (Аз паногоњаш баромада). Чї шуд, хўљаин?
Дон Жуан. Оњ, ту маккор! Ваќте, ки ба ман њуљум карданд, ту пинњон шудї?!
Сганарел. Маъзарат мехоњам, љаноб, ман дар њамин наздикї будам. Ин хилъат мисли доруи шикамрав будааст: њамин, ки пўшидї, шикам тоб додан мегирифтааст.
Дон Жуан. Э, биё, мон! Рўи сиёњатро дигар хел сафед карда наметавонї? Ту медонї ман киро наљот бахшидам!
Сганарел. Не, намедонам.
Дон Жуан. Бародари Элвираро.
Сганарел. Бародарашро?!
Дон Жуан. Вале одами дуруст будааст: рафтори бошарафона кард ва ман афсўс мехўрам, ки бо ў ќањрї њастам.
Сганарел. Шумо метавонед ин мушкилотро осонакак њал кунед.
Дон Жуан. Бале, аммо њаваси ман ба Дона Элвира пир шудааст ва ман намехоњам худро бо ќасам пойбанд кунам. Бист бор ба ту гуфтам, ки ман ба фармони дилам амал мекунам. Дилам бошад, тасаддуќи њама соњибљамолон аст. Онњо дили маро мувофиќи тавонашон фаќат як муддат ба худ бандї карда метавонанд… Ин кохи баланд дар миёни дарахтон чї бошад?
Сганарел. Магар шумо намедонед?
Дон Жуан. Не.
Сганарел. Наход? Охир ин маќбараи Командор аст, ки чанд муддат пеш аз он ки шумо ўро кушта будед, сохта буд.
Дон Жуан. Шунида будам, вале намедонистам, ки вай дар ин љост. Дар бораи ин маќбараву њайкалаш мўљизањои бисёре њикоят мекунанд ва ман мехоњам онро бубинам.
Сганарел. Не, хўљаин, наравед!
Дон Жуан. Барои чї?
Сганарел. Дидани маќбараи касеро, ки ўро куштаед, беодобї аст.
Дон Жуан. Баръакс, ман барои одоб мехоњам зиёраташ кунам ва ў њам бояд инро ќабул кунад, агар ў марди тарбиятдида бошад.
Манзараи маќбара. Муљассамаи Командор намоён мегардад.
Сганарел. Оњњо, чї хел зебо! Муљассамаи босалобат. Сутунњои мунаќќаш.
Дон Жуан. Намедонистам, ки шўњратпарастии маит то ин дараља бошад. Аљиб он аст, ки ин одам дар зиндагї бо як чордевор ќаноат мекард, вале баъд аз марг он ќадар шукўњу шањоматеро барпо кардааст, ки дигар ба вай эњтиёље надорад!
Сганарел. Ана, муљассамаи худи Командор.
Дон Жуан. Бало занад, либоси императори Рими ќадим зебидааст.
Сганарел. Дар њаќиќат, олиљаноб, зинда барин. Чунон ба мо нигоњ мекунад, ки агар танњо мебудам, талхакаф мешудам. Аз дидани мо шод нест.
Дон Жуан. Чаро? Ин аз љониби вай беилтифотї мебуд ба он лутфе, ки мо ба ў зоњир мекунем. Аз ў пурс, ки ба зиёфат, ба хўроки шом намеояд?
Сганарел. Вай ба гумонам, ба ин њољат надорад.
Дон Жуан. Пурс, ваќте, ки ба ту амр мекунанд!
Сганарел. Шумо њазл мекунед? Девона будан лозим, ки бо њайкал гап занї.
Дон Жуан. Гуфтаи маро иљро бикун!
Сганарел. Чї хаёли бемаънї! Сенйор Командор! (Худ ба худ). Аз ин аблањии худам шармам меояд, вале ин фармони хўљаин аст…. Сенйор Командор! Хўљаини ман Дон Жуан мепурсанд, ки лутфан ба хонаи вай ба хўроки шом ташриф намеоред? (Њайкал сар мељунбонад). Во-оњ!
Дон Жуан. Чї шуд? Ба ту чї шуд? Гап зан. Чаро хомўш мондї?
Сганарел (мисли њайкал сар љунбонида). Њайкал…. Њайкал….
Дон Жуан. Хайр, давомаш чї? Чї гуфтан мехоњї? Гап зан, аблањ!
Сганарел. Ман гуфтанї, ки њайкал….
Дон Жуан. Чї њайкал? Туро мекушам, агар гап назанї!
Сганарел. Гуфтаниам, ки вай ба ман сар љунбонд, ишорат кард, ки розї аст. Ин њаќиќат аст. Ана, худатон бо вай гап занед.

ПАРДАИ ЧОРУМ

Иќоматгоњи Дон Жуан.
Њолати 1.
Дон Жуан, Сганарел.
Дон Жуан. Сганарел, њарчї њам набошад, дар ин хусус сухан гуфтан кофист. Ин як шуѓли бењуда аст, метавонист бозии сояњо моро ба иштибоњ андозад, дуд метавонист чашми моро фиреби назар кунад.
Сганарел. Оњ, љаноб, инкор накунед он чиро, ки бо чашми сар дидем. Вай дар њаќиќат, бо сараш ишораи тасдиќ кард. Ман заррае шубња надорам, ки осмон барои танбењ додан аз њаёти лоуболонаи шумо, барои сабаќ додан ба шумо азамати худро нишон дода, ин мўъљизаро ба чашми шумо намоён кард.
Дон Жуан. Гўш кун, агар насињатњои аблањонаатро бас накунї, мефармоям, ки туро баста бо ќамчини пўсти гов мурданї кўбанд.
Сганарел. Чї тавр нафањмам, љаноб? Наѓз фањмидам. Њаминаш ба ман маъќул, ки шумо рўирост гап мезанед.
Дон Жуан. Хуб. Бифармо, ки ѓизои шомро биёранд. Њой, бача, курсї биёр!

Њолати 2.
Њамонњо ва Дон Луис.
Сганарел. Дон Жуан! Падаратон меоянд!
Дон Жуан. Оњ, њаминаш намерасид, ки маро ба њадди девонагї расонанд.
Дон Луис. Мебинам, ки ба шумо халал расондам ва шумо аз омадани ман шод нагаштед. Рости гап, ману шумо њамдигарро ба таври аљиб малол мекунем: ман шуморо бо зиёрату насињатњоям ќимоб кардам, шумо бо бероњагардии худ маро ба љон расонидаед. Мо он кадар беандешаем, ки худро аз осмон боаќлтар њисобида ѓамхории сарнавиштамонро ба дўши вай њавола мекунему баръакс, бо талабњои бемаъниву зорињои бемавќеъ сари гардуни гардонро гаранг мекунем. Оњ, ман дар талаби писар ба осмон чї ќадар зорињои љонгудоз кардам ва инак, он писаре, ки бар ивази таваллоњои бешумори ман осмон ба ман фиристод, њамон писаре, ки ба ман ѓайри кулфату ѓам чизи дигаре наовард. Њол он, ки ман гумон доштам, ки вай дар пиронсолї ќуввату дармонам мешавад. Лутфан бигўед, ки ман ба ин рафторњои бешумори ношоистаи шумо, ки боиси нафрати тамоми олам аст, ба ин занљираи амалњои зишти шумо, ки бо сўиистеъмол аз марњамати шоњ сафед карда мешавад, вале бо ин њама хизматњои дар назди Ватан доштаи маро дар назари шоњ ночиз гардонидаанд, бо кадом чашм нигарам? Чї ќадар шумо пастфитрату нокас шудаед. Наход, ки шумо аз исноди овардаатон ба номи авлоди некноми мо сурх намешавед? Шумо њаќ доред, ки бо номи авлод ифтихор кунед? Шумо чї коре кардаед, ки сазовори номи ашрофи дарбор бошед? Ё шумо гумон доред, ки ному насаби олї доштан ба шумо кофист, ки шараф орад ва дар шараёни шумо хуни бошарафона гардиш кунад? На, на! Номи авлоди бошараф бе амали мувофиќ њељ аст. Ба шарафи ниёгон мо њамон андоза шарик мешавем, ки барои ба онњо монанд шудан кўшиш мекунем. Шарафи корнамоињои ниёгон, ки чароѓи умри моро равшан месозад, моро вазифадор мекунад, ки пайроњаи шарафи онњо шарафмандона ќадам занем, ба наљобатњои онон хиёнат накунем ва авлодамонро ба шарафњои нав маъруф кунем,  то ба номи неки давомдињандаи авлод мушарраф гардем. Вале феълан авлоди мо шуморо ба њамхунї ќабул намедорад ва њама корнамоињои бошарафи онњо ба шумо имтиёзе намедињанд. Баръакс, љилои шарафи онњо рўи шуморо муљалло карда чун оташгул њама кирдорњои нангини шуморо рўшан мекунанд. Ва нињоят, фањмида гиред: ашрофзодае, ки њаёти нангин ба сар мебарад, одами вањшии мурдор аст, неккирдорї бошад, нахустин нишонаи асилзодагист: на ба ном, балки ба амали кас эътибор медињанд: писари як одами ќаторї, вале бошарафро аз писари шоњ боло мегузоранд, агар писари шоњ мисли шумо бошад!
Дон Жуан. Агар нишаста гап мезадед, ба шумо осонтар мешуд.
Дон Луис. На, бачаи даѓалам, ман на мешинам ва на сухан мегўям. Мебинам, ки гапњои ман заррае ба ту таъсир намекунанд. Вале дон, писари ношоистаи ман, ки бо кирдори нангинат падарро ба љон расондаї, вале пештар аз он, ки ту гумон дорї, ман аз осмон пешдастї карда, ба бероњагардии ту хотима медињам ва бо љазои ту шармандагии падари ту буданамро пок мегардонам! (Меравад).

Њолати 3.
Сганарел, Дон Жуан.
Дон Жуан. Хайрият. Бењтарин коре, ки карда метавонед, зудтар мурдан аст. осиёб ба навбат. Девона мекунад маро њолате, ки падарон баробари фарзандон ин ќадар зиёд зиндагї мекунанд! (Ба курсї менишинад).
Сганарел. Љаноб, шумо њаќ нестед….
Дон Жуан. Ман њаќ нестам?!
Сганарел. Бале, љаноб… Шумо… њаќ нестед, ки … (Оњанги гапаш дигар шуд.) Ба љои он, ки аз буни гарданаш зада аз дар ронед, гапњои ўро гўш кардед,! Охир ин чї даѓалист? Чї бењаёист?! Падар ба назди писар омада ўро маломат мекардааст, ба ислоњшавї њидоят мекардааст! Номи неки авлодонро ёдрас мекардааст, ба рўзгори солим даъват мекардааст ва боз як гала сафсатањои дигар мегуфтааст! Наход, ки гуфтани њамаи ин љоиз бошад ба шумо барин инсон, ки худаш чї тавр зистанашро наѓз медонад? Умуман, ба сабру тоќати шумо ќоилам, љаноб. Ман ба љои шумо мебудам, кайњо ўро зада пеш мекардам! (Ба як тараф.) Мурад хушомадгўї, касро ба чї њолат гирфтор мекунад - е!
Дон Жуан. Мо имрўз хўроки шом мехўрем, ё не?
Сганарел. Њозир, љаноб. (Меравад, вале бармегардад). Љаноб, як хонум омадааст, болои чашмаш чашмбанд, бо шумо гуфтугў кардан мехоњад.
Дон Жуан. Инаш боз кї бошад?
Сганарел. Њоло мебинем.

Њолати 4.
Сганарел, Дон Жуан, Дона Элвира.
Дона Элвира. Њайрон нашавед, дон Жуан, ки маро ин соат дар ин либсо мебинед. Сабаби љиддие маро ба ин иќдом њидоят кардаас. Чизе, ки ољилан мехоњам ба шумо гўям, таъхирнопазир аст. Њоло ман дар оташи ѓазаб намесўзам, чуноне, ки сабоњ будам. Дар назди шумо Дона Элвираи тамоман дигар меистад, на оне, ки субњ шуморо лаънат хонд ва рўњи тањќирёфтааш танњо ќасос мехост. Осмон њама эњсоси нохуши љинояткоронаи ишќи заминиро аз дили ман бурда пок кард! Дар дили ман танњо оташи поки муњаббати аз эњсос орї, сирф нафосат ва дилбастагии беѓаразона боќї мондааст, ки на барои худам, балки барои осоиши рўњи шумо месўзад.
Дон Жуан (ба Сганарел). Ту чї гиря мекунї?
Сганарел. Мебахшед….
Дона Элвира. Ин њамон муњаббати комилу беѓашест, ки маро барои офияти шумо ба наздатон равона мекунад, то ки аз номи осмон њушдор дињам ва аз афтодан ба чоњи фано, ки ба он равонед, баргардонам. Бале, Дон Жуан, медонам, ки шумо чї њаёти фосиќонае доред. Осмони ба дидаи ман рўшанї бахшида иштибоњоти шуморо ба чашмам аён кард ва талќин намуд, ки ба шумо гўям: гуноњњои шумо тоќати осмонро тоќ кардааст, ѓазаби вай метавонад њар лањза ба сари шумо фурў резад ва шумо танњо бо тавбаи фаврї метавонед аз ин чазо рањо шавед. Шояд барои шумо танњо як рўз боќї мондааст, ки мусибатњои бузурги ба саратон ояндаро дур кунед! Маро дигар ягон чиз ба шумо намепайвандад. Ба шарофати лутфи осмон њама пиндори ботили ман гум шуд. Ман ба ќарори ќатъие омадам, ки аз ин олам меравам. Таманнои ягонаи ман аз Худо, њамон ќадар умре бахшад, ки барои омурзиши Худо сазовор шавам. Вале бо дунё падруд гуфта ба азияти љонкоње гирфторам: хушбахтї ба ман ёр мегашт агар метавонистам ин ќазову ќадарро  аз сари шумо дур кунам. Илтиљо дорам, Дон Жуан, барои ман лутфе намуда, осоиши ширини рўњи маро таъмин кунед. Ба хотири ман аз наљоти худ даст накашед, ман инро бо чашмони ашкбор аз шумо хоњиш мекунам ва агар шумо аз осоиши худ андеша накунед, ба таваллои ман бепарво набошед ва маро аз ѓами абадии сангин халос кунед - аз ѓами он, ки шуморо ба азоби абадї мањкум намоянд.
Сганарел. Бечора, занак.
Дона Элвира. Ман шуморо бењад дўст медоштам, шумо бароям азизтарин касе будед, ба хотири шумо ман вазифаи худро сарфи назар кардам, иродаамро шикастам, ба њама гуноњњо розї шудам ва њоло аз шумо танњо як илтиљо дорам: ислоњ шавед ва љазои осмониро аз сар дур кунед. Илтиљо мекунам, аз барои муњаббат ба худатон ё ба хотири муњаббати ман, худатонро наљот дињед. Бори дигар бо чашмони ашкбор аз шумо илтиљо мекунам, Дон Жуан. Ва агар ашки зане, ки шуморо замоне дўст медошт, кам бошад, ман бо њама муќаддасоти олам, ки заррае ба шумо таъсир доранд, ба шумо лаънат мехонам.
Сганаре. (Худ ба худ). Ин зан не, паланг!
Дона Элвира. Ман акнун меравам. Ин аст њамаи он чизе, ки гуфтан мехостам.
Дон Жуан. Хонум, истед, беваќт шудааст. Мефармоям, ки барои шумо дар ин љо њама шароитро муњайё кунанд…
Дона Элвира. Не, не, Дон Жуан, маро нигоњ надоред.
Дон Жуан. Бо лутфи худ моро саодатманд мегардонидед, бовар кунед….
Дона Элвира. На, на. Бо суханони пуч ваќтамро сарф намекунам. Ман бояд шитобам. Маро гусел накунед, танњо дар бораи гуфтаи ман биандешед. (Меравад).

Њолати 5.
Сганарел, Дон Жуан.
Дон Жуан. Медонї, ў дар ин њол, бо ин пероњан дар дилам эњсоси тозае пайдо кард: нигоњњои пурвазн, ашки чашмон, либоси мутантани ѓайриоддї дар дилам оташаки муњаббати хомўшшударо аз нав фурўзонд….
Сганарел. Пас, суханњои вай ба шумо ягон зарра таъсир кард?
Дон Жуан. Хўроки шомро биёр, зудтар!
Сганарел. Ба чашм. (Хўрок меорад).
Дон Жуан. Ба њар њол, дар бораи ислоњшавї фикр кардан лозим.
Сганарел. Кошки, кошки.
 Дон Жуан. Не, рост. Боз ягон бист - сї соли дигар маишати тан мекунем, баъд дар бораи осоищи рўњ андеша мекунем.
Сганарел. Воњ!
Дарро мекўбанд.
Дон Жуан. Кї дарро мекўбад? Боз кадом Иблис ба хўрокхўрии мо халал мерасонад? Ман мехоњам оромона хўрок хўрам, њељ касро даромадан намонед!
Сганарел. Бо иљозаи шумо ман рафта мебинам. (Рафта бо дањшат меояд).
Дон Жуан. Тинљист? Боз кї будааст?
Сганарел. Ин вай… вай….
Дон Жуан. Кї охир? Э, худам рафта мебинам.

Њолати 6.
Њамонњо ва муљассамаи Командор.
Сганарел. Худоё, дар куљо руст шудан мумкин бошад?
Дон Жуан. Зуд курсї ва табаќча биёред.
Дон Жуан ва муљассама сари миз менишинанд.
Дон Жуан. (Ба Сганарел). Ту њам шин, охир.
Сганарел. Љаноб, ман дигар нўшидан намехоњам.
Дон Жуан. Ба ту шин гуфтанд! Барои саломатии Командор менўшем!
Командор. Кофист, дон Жуан. Ман шуморо даъват мекунам, ки фардо њамроњи ман омада хўроки шом хўред. Љасорати шумо кофист?
Дон Жуан. Бале. Ман фаќат Сганарелро њамроњам мегирам.
Сганарел. Њазор рањмат, љаноб, ман фардо рўза мегирам.
Дон Жуан. Бо фонус роњро равшан кунед.
Командор. Ба касе, ки осмон фиристодааст, рўшної лозим нест. (Меравад).

ПАРДАИ ПАЉУМ
Њолати 1
Дон Жуан, Дон Луис, Сганарел.
Дон Луис. Наход, ки фалак зорињои маро нашунида бошад? Бо умеди дурўѓин маро фиреб намедињед? Ман метавонам ба роњи рост гаштани шуморо бовар кунам?
Дон Жуан. Бале, ман бо њама сарсонињои худ видоъ кардам, ман дигар он касе нестам, ки дирўз бегоњї будам. Осмон нохост дилу дидаи маро рўшан карда тамоми оламро дар назарам дигаргун намуд. Осмон чашми маро кушод ва њоло аз кирдорњои нафратангез ва он рўзгори риндонае, ки доштам, дар дањшатам. Имрўз мебинам, ки чї тавр осмон ба ман марњамат намуда, љазои гуноњњоямро надод ва имкон додааст, ки гуноњњоямро бишўям, ва бикўшам, ки бо корњои шоистаам ба лутфу марњамати илоњї сазовор шаваму осмон гуноњњоямро бубахшад. Њама ќувватамро ба ин ният равона сохта, аз шумо илтимос мекунам, ки ба ман пиреро тавсия кунед, то роњбалад шаваду ба роњи рост њидоят кунад.
Дон Луис. Оњ, писарам, чї хел муњаббати падарї зуд бармегардад ва баъди як тавбаи  шумо озорњои расонидаи шумо ба чї зудї аз хотирњо зудуда мешавад. Ман дигар аллакай ягон озори шуморо дар ёд надорам, њамаашро як сухани гуфтаи шумо љуброн кард. Иќрор мешавам, ки худ аз худ ашки шодї мерезам аз он, ки њама орзуњои ман амалї шуданд, дигар аз осмон чизе талаб надорам. Илтимос мекунам, ки дар ин роњи пешгирифтаатон устувор бошед. (Меравад).

Њолати 2.
Дон Жуан, Сганарел.
Сганарел. Чї хушбахтист, љаноб, ки оќибат тавба кардед.
Дон Жуан. Имрўз аз айби дурўягї касе њазар намекунад, зеро, ки дурўягї як одат шудааст; айбе, ки одат шуд, дигар ба ќатори савоб дохил мешавад. Иљрои наќши одами хушаќлоќ мушкил нест. Ќадри дурўя кам намешавад, зеро, ки сирраш фош шавад њам, касе зидди ў намебарояд; њама айбњо мазамматшавандаанд, илло дурўягї, ки имконияти бељазо монданро дорад. Зеро, ки риё њама дурўягонро ба њам иттифоќ мекунад, ва мабодо покизадиле парадаи рўи яке аз онњоро бардорад, дигарон ба ў њуљум мекунанд. Вале покдилони якрўй њамеша ањмаќ мешаванд, ба доми риёкорон дармонда, боз њам барои манфиати онњо хизмат мекунанд. Чї ќадар зиёданд риёкорон! Ана, яке аз онњо либоси рўњонї пўшида, бо як салибкашї ё оњњои вазнини асрорангез њамаи гуноњњояшро рўйпўш мекунанд. Ман њам аз ин пардаи наљотбахш истифода бурда, пинњонї маишат кардан мехостам. Сиррам ошкор шавад њам, бок надорам. Зеро, ки ин тўдаи риёкорон худаш маро аз њар балову ќазо њимоят мекунад. Ман бошам, тартиботи илоњиро иљро карда, душманонамро танг мекунам, авомро зидди онњо мешўронам ва оммаи ноогоњ онњоро душмани њалќу Худо хонда, ба куфр муттањам мекунанд! Ана њамин тавр, сустии одамону айбњои замонаро савоб карда, ба манфиати худ истифода бурдан мумкин аст! Ин роњи бењтарини бељазо дилхушї кардан аст!
Сганарел. Худоё, ман чињо мешунавам? Болои њамаи гуноњњои дигаратон њамин дурўя шудан намерасид! Ин аз њама ќабоњатњои пешинаатон бадтар аст! Кушед њам, ба шумо рости гапро мегўям: касе, ки барояш ќонун эљод нашудааст, мисли њайвон зиндагї мекунад ва ин маънои онро дорад, ки шумо ба адни оташи љањаннами љинњо меафтед.
Дон Жуан. Муњокимаи аљиб.
Сганарел. Агар њоло њам тавба накарда бошед, вой бар њоли шумо!

Њолати 4.
Њамонњо ва Дон Карлос. Дон Жуан ибодат мекунад.
Дон Карлос. Чї хуб шуд, ки шуморо инљо дучор омадам, дон Жуан. Агар фикри маро донистан хоњед, пинњон намекунам, ки тарафдори бо сулњу салоњ њал кардани ин кор њастам, ки хоњари моро дар њузури њама зављаи худ хонед.
Дон Жуан. Афсўс. Ман аз самими дил мехостам, ки талаби шуморо ќонеъ кунам, вале осмон монеи ин ќарор шудааст. Вай талќин мекунад, ки ман роњи њаётамро ба куллї дигар кунам ва њама андешаву афкори ман ба он равона шудааст, ки њарчї зудтар аз њама њавасњои заминї даст кашам. Талошњои заминиро дар дилам мањв кунам ва бо рўзгори нави љиддиам њама гуноњњои даврони пуршарру шўри љавониамро бихарам.
Дон Карлос. Ин иќдоми шумо, дон Жуан, хилофи пешнињоди ман нест, зиндагї бо зављаи ќонунї имконият медињад, ки ниятњои неки ба шумо талќиннамудаи осмонро амалї гардонед.
Дон Жуан. Авсўс, ки ин имкон надорад. Чунин ќарорро хоњари шумо низ ќабул кардаасту ба ибодатгоњ рафтанист, ин фикри савоб ба сари њардуямон баробар талќин шудааст.
Дон Карлос. Роњиба шудани хоњари мо моро ќонеъ намегардонад. Ин маънои онро дорад, ки шумо  аз хешшавї бо мо даст кашидаед, вале шараф талаб мекунад, ки шумо бояд њамроњ зиндагї кунед.
Дон Жуан. Мехоњам шуморо бовар кунонам, ки ин аз имкон дур аст! ман аз љониби худ хоњони  њамин будам ва њатто њамин пагоњї бо осмон маслињат кардам, вале садое омад, ки ман бояд дигар тамоман андешаи хоњари шуморо аз сарам дур кунам, зеро, ки ин њамзистї имкон намедињад љонамро аз гуноњњо рањо кунам.
Дон Карлос. Дон Жуан, наход шумо гумон кунед, ки бо ин бањонањо моро гўл зада метавонед?!
Дон Жуан. Ман ба фармони садои осмонам!
Дон Карлос. Ва шумо мехоњед, ки ба љои љанги тан ба тан бо њамин суханњои шумо ќонеъ шавем?
Дон Жуан. Ин хоњиши осмон аст.
Дон Карлос. Пас хоњари моро барои он аз ибодатгоњ дуздидед, ки сипас бадном карда партоед?
Дон Жуан. Чунин аст иродаи осмон!
Дон Карлос. Ва мо ањли оила ин бешарафиро тањаммул кунем?
Дон Жуан. Инро аз осмон бипурсед.
Дон Карлос. Э, аз барои савоб, одам барин гап занед! «Осмон», «осмон».
Дон Жуан. Осмон талаб мекунад, ки чунин бошад.
Дон Карлос. Кифоя, Дон Жуан! Ман шуморо наѓз фањмидам! Бо шумо њисобамро баъд баробар мекунам, зеро, ки ин љо мувофиќ нест. Ба зудї ман шуморо пайдо мекунам.
Дон Жуан. Чї хеле, ки мехоњед амал кардан гиред. Ба шумо маълум аст, ки ман аз шумори тарсуњо нестам ва дар мавриди зарурат шамшерро дар даст дошта метавонам. Дере нагузашта, ман бо пайроњаи танги беодам ќадам зада худро ба ибодатгоњ месупорам, вале донед: њарчанд, ки инро ба ман осмон манъ кардааст ва ман хоњиши љангидан надорам, вале агар шумо ба ман њуљум кунед, мебинам, ки бо чї натиљае анљом меёбад.
Дон Карлос. Мебинем. Дар њаќиќат, мебинем, ки чї мешавад. (Меравад).
Сганарел. Чї услуби иблисонаи гуфторро пайдо кардаед, љаноб! Ин аз одатњои пешинаатон бадтар аст! Ман ба наљоти шумо умед доштам, аммо њоло умедам канда шуд. То њол осмон гуноњњои шуморо тањаммул мекард, вале ба гумон аст, ки ин ќабоњати шуморо бубахшад.
Дон Жуан. Кофист. Осмон на ба он андозае хўрдагир аст, ки ту гумон дорї ва агар њар дафъа, ки одамон….

Њолати 5.
Њамонњо ва арвоњ.
Сганарел (арвоњро дида). Оњ, волоњазрат, худи осмон мехоњад бо шумо гуфтугўї кунад ва ин огоњиро ба шумо фиристодааст.
Дон Жуан. Агар осмон маро огоњонидан хоњад ва хоњад, ки ман ўро фањмам, бигузор равшантар њарф занад.
Арвоњ. Ба Дон Жуан танњо як лањзаи њаёт боќї мондааст, ки барои тавба ба осмон илтиљо бикунад. Агар тавбаи накунад, њалокаташ ногузир бошад.
Сганарел. Мешунавед, љаноб?
Дон Жуан. Кї љуръат мекунад, ки ба ман чунин гўяд? Ин овоз шинос менамояд!
Сганарел. Ин љаноб, арвоњ аст, аз роњгардиаш маълум аст.
Дон Жуан. Арвоњ аст, ё сароб, ё худи Иблис, мехоњам донам, ки ин чист?
Арвоњ дар шакли Замон дар даст дос падид омад.
Сганарел. Ё, Худољон! Мебинед, чї тавр таѓйир ёфт!?
Дон Жуан. На, на! Ягон чиз маро ба њарос намеорад! Бо шамшер мезанам, то бинам, ки вай љисм аст, ё рўњ!
Дон Жуан арвоњро бо шамшер задан мехоњад, вай ѓайб мезанад.
Сганарел. Воњ, љаноб, пеши ин ќадар аломатњо таъзим кунеду зудтар тавбаро оѓоз намоед!
Дон Жуан. На, на! Њарчї њам нашавад, касе љуръат намекунад бигўяд,  ки ман моил ба тавбаам. Рафтем, њамроњи ман биё!
Њамонњо ва муљассамаи Командор.
Њайкал. Истед. Дон Жуан. Шумо дирўз ваъда додед, ки хўроки шомро њамроњи ман мехўред.
Дон Жуан. Бале. Ба куљо мефармоед?
Њайкал. Дастатонро ба ман дињед.
Дон Жуан. Ана, дасти ман.
Њайкал. Дон Жуан! Касеро, ки устухонаш бо гуноњ сафед шуд, марги мудњиш интизор аст, њар касе ки талаби осмонро рад мекунад, раъду барќи осмон пора - порааш мекунад.
Дон Жуан. Осмон! Ба ман чї шуд? Маро оташи ноаён месўзонад! Дигар тоќат намонд, тамоми љисму љонам чун гулхан месўзад.

Замин кафида ўро фурў мебарад ва дар љои фурўрафтаи ў забонаи оташ зада мебарояд.

Њолати 6.
Сганарел танњо.
Сганарел. Оњ, маоши ман чї шуд? Маоши ман чї шуд? Марги Дон Жуан њамаро розї кард: осмони ѓазабкарда, духтарони фиребхўрда, оилањои тањќирдида, волидайни шармандагашта, занњои нобудшуда, мардњои ошуфтаро. Њамаро! Фаќат ба ман омад накард! Маоши маро кї медињад? Маоши маро…. Маош…


Рецензии