Могилевцев Сергей. Дугоникхо Перевод на таджикском
(Россия)
Д У Г О Н И К Њ О
мазњака – фољиа
Тарљумаи Љумъа Ќуддус
Душанбе – 2018.
Варианти 2.
Тафовут аз варианти якум дар он, ки ќањрамонњо – дугоникњо дар батни модар урён буданд. Њоло тани онњо бо талаби ходимони театр пўшида аст. Якум - бо либоси генералї, Дуюм - бо костюми зебо. Њарду либос театрї буда трикои оддист: дар сари китфи Якум сурати погонњои зарњалї, дар трикои Дуюм тугмањои калони сурх кашидаанд. Бо молния зуд кушода мешаванд. Дугоникњо дар батни модар худро чунин тасаввур мекунанд.
Дар батни модар дугоникњо: Якум ва Дуюм. Ба назарашон чунин менамояд, ки онњо аллакай мардони комиланд: Якум то унвони генералї расидааст, Дуюм адиби намоён. Њарду аз ояндаи неки худ дилпуранд. Вале њардуро нохост ба мизи љарроњї гузоштаанд. Ва танњо дар лањзаи охир мефањманд, ки ин љарроњї – исќоти њамл аст ва њарду њаргиз таваллуд нашудаанд ва дар рўи замин назистаанд...
Иштироккунадагон:
Якум.
Дуюм.
Хоњари шафќат.
Хонаи бе тирезаи якдара. Дар шафати девор нимкати мулоими рўяш бо клеёнка печонида, дар бари он мизи шишапўш, болои он олотњои дањшатовари тиббї. Дар болои нимкат чанд маљаллаи куњна.
Дар кушода шуда, Якум медарояд. Дар танаш либоси гернералї. Ба атроф бо тааљљуб менигарад, аз дидани олотњои тиббї нороњат мешавад. Муддате дар нимкат менишинад. Маљалларо гирифта бе мароќ вараќ мегардонад.
Дар кушода шуда, Дуюм ворид мегардад. Аз костуми зебои бепарво ба бар кардааш маълум, ки шахси эљодкор аст.
Дуюм. Бубахшед, якум шумоед?
Якум. Ман њамеша якум!
Дуюм. Нафањмидам…
Якум. Гуфтам, ки ман дар зиндагї њамеша якум њастам! Њам дар кор, њам дар байни дўстон. Аз бачагї саркор будам, яъне ташаббускор, сардори синф, капитани дастаи футбол, волейбол, бо духтарњои зебои синф њам якум шинос мешудам. Дар батни модар њам нахустин мебудам, агар очам дугоник таваллуд мекард.
Дуюм. Модаратон дугоник таваллуд кард?
Якум. Ин даќиќан аниќ нест. Вай сари фарзанд рафт. Ё баъдтар… намедонам. Дар умри сарам ўро надидаам. Барои њамин намедонам, ки дугоник таваллуд кард, ё танњо маро. Вале дилам гувоњї медињад, ки додаре доштам.
Дуюм. Чаро чунин фикр мекунед?
Якум. Гоњо ба хобам медарояд. Фањмонда наметавонам, вале бо эњсоси шашумам дарк мекунам, гоњо дар хоб бо ў чаќ-чаќ мекунем. Дар бораи модари фавтидаамон, рўзгор, оила, дар њар мавзўе, ки одатан ду бародар суњбат мекунанд. Ба њар њол, мехостам, ки додаре дошта бошам. Аммо вай њаст, ё не, даќиќан намедонам.
Дуюм. Пас, шумо ятим њастед?
Якум. Ягон майда! Маро касони бошарафе тарбия карданд, ки љойи падару модарро пурра гирифтанд. Танњо баъди калон шуданам ин сирро ба ман кушоданд.
Дуюм. Сирро?
Якум. Ња, гуфтанд, ки маро аз ятимхона гирифтаанд, сабаби он љо афтоданам номаълум. Ва онњо маро чун писари худ калон карда, мењри волидии истифоданашудаи худро ба ман бахшиданд.
Дуюм. Мењри истифоданашударо?
Якум. Ња, охир онњо безурёт буданд. Барои њамин дил монданд.
Дуюм. Њамон одамони хуб њам модари шуморо надидаанд?
Якум. Гуфтам-ку: ба саѓирахона дар њолати номаълум афтодаам. Ё пинњонї партофтаанд, ё аз таваллудгоњ баъди фавти очаам оварданд. Даќиќан маълум не. Барои њамин, модарамро касе надидааст. Аммо дилам гувоњї медињад, ки додаре дорам. Вай дар куљое зиндагї мекунад, ё шояд дар њамин шањр, дар бинои њамшафате њасту ман бехабар.
Дуюм (андешамандона). Аљоиб…
Якум. Чизаш аљоиб?
Дуюм. Шумо њаёти маро њикоят кардед. Маро њам аз саѓирахона гирифта калон кардаанд. Сабаби он љо афтоданам номаълум. Ман њам рўи модарро ёд надорам. Гоњ-гоњ дар дили ман њам эњсосе љўш мезанад, ки додарљони дугонике дорам ва ин њолат њаќиќати мањз менамояд.
Якум. Чаро њаќиќати мањз менамояд?
Дуюм. Охир, ман њам дар хобу хаёл бо ў чаќ-чаќ мекунам, аз обу њаво сар карда, дар бораи ањли оила, сиёсат, тамоми олам бањс мекунам.
Якум. Шумо ба сиёсат шавќ доред?
Дуюм.? Не, аз сиёсат ќимоб. Ман нависанда, ба даѓалию зиштї, ки боиси доѓи љомеа мешавад, нафрат дорам. Адабиёт, хоса љанбаи эљодии ман зебої, иффат, улвият - эњсоси волоро тасвир мекунад. Сиёсат бошад, як чизи даѓал. Ин маќолро шунидаед: Сиёсат – ифлосї аст.
Якум. Шумо як лапашанг, аз њаёт, аз мушкилот, аз дардњои љомеа дур мегурезед. Ва маълум, ки чї менависед. Вале ман чун марди асил дар байни обу оташам. Ана барои њамин то рутбаи генералї расидаам!
Дуюм. Генерал буданатон аз погонатон маълум.
Якум (бо виќор ќадам мезанад). Агар мо бародарони дугоник мебудем, њарчанд ин, даќиќан ѓайриимкон аст, ман њатман якум мебудам. Чанд сония њам бошад, пештар таваллуд мешудам, шумо њатман фарзанди хурдї мешудед.
Дуюм. Шумо чунин гумон доред?
Якум. Гумон не, даќиќан аниќ!
Дуюм. Як ривояти ориёї њаст: ваќте замони бекарона – Зурвана њомила мешавад, дар батнаш дугоникњо Ањриман ва Ањурамаздо буданд. Зурвана ќарор медињад, ки фарзанди якум таваллудшударо соњиби љањон мегардонад. Инро шунида Ањриман бетоќат мешавад ва шиками модарро дарронда мебарояд. Зурвана ваъдаи худро дигар карда наметавонад ва љањон ба дасти деви зишту бадкирдор меафтад.
Якум. Шумо гуфтанї, ки ман девам?
Дуюм. Не, њамту ривоят ба ёдам омад.
Якум. Ривоятњои созро ба ёд оред. Ба генерал афсона намегўянд.
Дуюм. Бењтараш латифа мегўем.
Якум. Масхарабозиро ќатъ кунед, муњтарам нависанда.
Дуюм. Хуб.
Якум. Дарвоќеъ, метавонед шинед.
Дуюм. Ташаккур.
Бељуръатона дар кунљи нимкат менишинад. Якум маљалларо вараќ мегардонад. Вале бо нафрат мепартояд.
Якум. Заб чизњои ањмаќона менависанд! Ин њам кори нависандањо?
Дуюм (сулфа карда). Шояд.
Якум. Чаро њардуи моро ба ин љо њамроњ даровардаанд? Маслињат њамин: аввал маро љарроњї мекунанд ва ман зуд шуморо танњо мегузорам. Шумо зид нестед?
Дуюм. Маълум корест. Адибон одат кардаанд ба сабру интизорї ба нашри китоб, њаќќи ќалам… мукофоти навбатиро солњо интизор мешавем, илњомро, олињаи илњомро, хонандаи некназарро… Умуман, интизорї касби мо. Барои њамин, шумо бемалол љарроњї кардан гиред. Ман шитоб надорам.
Якум. Лутфи шумо зиёд.
(Дубора маљаллањоро гирифта беањамиятона вараќ мегардонад).
Дуюм. Мо дар бораи касбу кору аќидањоямон чунон бо мароќ њарф задем, ки як савол пеши назар омад: вохўрии мо дар ин љо шояд тасодуфї набошад?
Якум. Чиро дар назар доред?
Дуюм. Не, ягон чизи мушаххас не. Фаќат як эњсоси ѓашовар, ки бо сухан ифода кардан душвор. Мефањмед, ин хонаи бе равзана бо ин олатњои дањшатноки тиббї (ба олатњои рўи миз ишора карда) ин теѓу анбўр бештар ба хонаи шиканљаи истинтоќ монанд. Ва интизории беохири харобкунандаи асаб чї лозим?
Якум. Асабњоятон даќиќан хароб аст?
Дуюм. Бо ин касби мушкили нависандагї чї хел хароб нашавад?
Якум. Њм… нав дар бораи эњсоси воло њарф задед. Гуфтед, ки ба њар чизи ифлоси рўзгор, ки даќиќан ба назари ман як њолати муќаррарї аст, шумо нафрат доред?
Дуюм. Ња…
Якум. Њол он, ки даќиќан шумо бо пасмондањои љамъият сару кор дореду, бо оќипадарњо њамнишин њастед.
Дуюм. Кадом оќипадарњо?
Якум. Зотњои пасте, ки рафтору кирдори онњоро менависед ва сарнавишти бади онњоро ба душманам орзу намекунам.
Дуюм. Ња… Маљбурем. Барои тасвири њаќиќат, бояд бо онњо аз наздик шинос шавем. Охир, мо аз њаёти онњо менависем.
Якум. Фањмо. Њамнишинњои шумо кї? - фоњишаву дузду каллабур, майзада, ки љинсу синну солашон, даќиќан, кайњо номаълум шудааст.
Дуюм. Бубахшед, ин касби мо. Вазифаи шумо љанг кардан бо лашкари душман, вазифаи мо тасвири инсон, њатто инсонњои оќипадар.
Якум. Њамаи ин бањона. Худатон њам бадмасту фоњиша шуда мондаед. Ана, дирўз як аскари мо барои ќазои њољат таги бутта меравад, ки як мурдаро мебинад, аз бўи араќи ќайкардааш мефањмад, ки зинда аст. Маълум шуд, ки вай як шоири машњур аст. Табъи шумо, алкашњо, чї хел њамнишинии њамдигарро мебардорад?
Дуюм. Насиби мо њамин. Мисли шумо генерал нестам, ки бо афсарони бошараф њамсуњбату њамнишин бошам.
Якум. Њамкасбони мо њам чандон фаришта не-ю. Вале даќиќан мисли адибон лапашангу суст њам не.
Дуюм. Ана барои њамин, мекўшам, ки аз зебої, улвият нависам. Вале атрофиёнам, ки нафратангезанд, дар китобам онњо љой мегиранд.
Якум. Пас китобњои пасти шуморо њељ кас намехонаду намехарад?
Дуюм. Э, не, баръакс, хеле зиёд мехаранду мехонанд.
Якум. Фањмо. Њар ќадар шањвату ќабоњат зиёд бошад, китобатонро бештар чоп мекунанд, шуморо нобиѓа эълом мекунанд.
Дуюм. Маро нависандаи машњури аср мењисобанд…
Якум (истењзоомез). Наход?!
Дуюм. Дар бораи ман њар сол маќолањои таърифї менависанд.
Якум. Зоѓ ќурбоќќаро ба хушовозї сутудааст, ќурбоќќа – зоѓро.
Дуюм. Китоб дар бораи љангалбон ва париро аќаллан шунидаед?
Якум. Не…
Дуюм. Роман дар бораи кайњонннавардро чї?
Якум. Ња…
Дуюм. Дар бораи аскарбачаи ќишлоќї чї?
Якум. Ана вай китоби зўр, нависандааш майзадаву гаранг не. Агар бинам, њатман дасташро фишурда офарин мегўям.
Дуюм. Муаллифи њамаи он китобњо манам.
Якум. Наход? Суратат монанд. Айнан… Биё, дастатро фишорам.
Дуюм. Ташаккур.
Якум. Вале барои чунин китобњо пули зиёд намедињанд.
Дуюм. Медињанд. Он ќадар њаќќи ќалам медињанд, ки баъзењо дар хоби шаб орзу мекунанд. Ба шаробу кабоб њам пулам мерасад, ба саёњатњои хориљї њам...
Якум. Ба маъшуќањои зиёд њам – а?
Дуюм. Хайр, олињаи илњом, гоњ-гоњ…
Якум. Ња-а, барои худатон бошад, «олињаи илњом» аст, вале гап дар бораи мо равад – фоњишаву фосиќу занакабоз меномед.
Дуюм. Як маќолаи аљиб дар бораи як генерал буд: намедонад пулашро ба чї сарф кунад: бўстонсарой дорад, мошину чархболу тайёра аз њисоби артиш дорад, маю маъшуќа бењисоб.
Якум. Ин хел њам мешавад.
Дуюм. Вале дар санљиши њарсола маълум мегардад, ки майнаашро бо шароб нўшида тамом карда, њатто тугмаи сурхи ракетањои стратегиро аз тугмаи обпартои њољатхонааш фарќ карда наметавонад.
Якум. Шояд… махсусан агар ягон фелетоннавис обуранг дињад.
Дуюм. Дар бонги хатари таълимї ними танку мошинњо аз њудуди урдугоњ баромада натавонистаанд – мошинњо бе чарх мондаанд, бензинро пул карда, араќ хўрда, ба љои он об рехтаанд, ними танкњо аз љой наљунбидаанд. Тасаввур кунед, агар бонги хатари њаќиќї мебуд, ањволи ин ќисми њарбї чї мешуд.
Якум. Афсўс, ки ин хелаш њам буд. Вале мо дигар!
Дуюм. Фиреби назар аз таъсири шароб.
Якум. Ман њатто пиво наменўшам.
Дуюм. Гернерал бе шаробу маъшуќа намешавад.
Якум. Ман занамро дўст дошта гирифтаам. Медонед, ишќи аввал…
Дуюм. Шумо ѓайри шаробу зан ягон мавзўи дигари гап надоред.
Якум. Не. Шоирон дар бораи мо ана ин хел навиштаанд:
Ман на онам, ки рўзи љанг бинї пушти ман,
Ман онам, к-андар миёни хоку хун бинї саре!
Дуюм. Офарин, бо иќтибос аз классикон худнамої њам мекунед.
Якум. Агар њама њарбиён љоњил мебуданд, дар ягон љанг ѓолиб намешудем.
Дуюм. Дар љанг генералњо не, аскарњо пирўзї меоранд.
Якум. Даќиќан дуруст. Вале, бе генерал љанги рўи як намешуд…
Дуюм. О-оњ, ана ин фантастика! Зиракии генерал…
Якум. Љанг бо танкњо чї?
Дуюм. Ин намунаи олии љасорати генерал...
Якум. Убури артиш аз ќуллаи барфпўш чї?
Дуюм. Мањорати олї! Мехостам дар борааш достон нависам.
Якум. Достонро сар кунед: ана њамон генерал ман будам.
Дуюм. Офарин. Лутфан, иљозат дињед, дасти шуморо фишорам.
Якум. Марњамат.
Њамдигарро оѓўш мекунанд.
Дуюм. Њамин, ки аз беморхона баромадем, достонро сар мекунем. Умед мекунам, љарроњї хатарнок нест ва мо суњбат карда метавонем?
Якум. Ман даќиќан сињату солим.
Дуюм. Пас, ин љарроњї чї лозим?
Якум. Ёдам нест. Љисмамро андак таъмир мекунанд. Борњо зарби шамшеру тир хўрдаам. Намедонам, куљои баданамро чок мекунанд…
Дуюм. Аљиб, ман њам намедонам, ки куљоямро бурида мепартоянд.
Якум. Њоли мо як, мисли дугоникњое, ки нав аз батни модар баромадем.
Дуюм. Ё кўшиши баромадан дорем: ин хона бе равзана чун батни модар аст.
Якум. … ки саъй дорад моро таваллуд кунад.
Дуюм. Ё њељ намехоњад таваллуд кунад.
Якум. Чиро дар назар дорї?
Дуюм. Не, њамту як фикр ба сарам омад. Охир, ин нимкат, олотњои дањшатбор, маљаллањо дар батни модар намеѓунљанд. Дарвоќеъ, маљаллањо чї менависанд?
Якум. Њамту ифлосињои рўзгор, овозањо: касе бо зани касе њамхоба шудааст, пистони кадом њофиза калонтар, кї дар умри пешина зан будааст, кї аз њама беору кї зоњирпараст, кї аз баландии мансаб ба виљдон, ба кулли инсон туф мекунад… Он ќадар макру њилаву расвої, ки ќањрамонии мо дар назди онњо њељ менамоянд..
Дуюм. Шояд барои њамин шуморо ба љарроњї фиристоданд.
Якум. Шояд…
Дуюм. Агар рост бошад, шумо пас аз ин љарроњї бояд барнагардед.
Якум. Дар сари ман њам чунин фикр пайдо шуд.
Дуюм. Дилпур бошед, генерал. Мо асп барин сињат. Шояд ба љисми мо як андак виљдон ва як чимдї некназарї ба оянда меандозанд.
Якум. Бе љарроњї соњиби виљдон шудан мумкин нест?
Дуюм. Мумкин, фаќат бо пули бисёр.
Якум. Аммо таги дилам торик. Аз ин љарроњї ягон майда умеди некї надорам.
Дуюм. Шумо њам њарос доред?
Якум. Тарс не-ю… Интизорї ба дидам зад.
Дуюм. Ба дили ман њам. Нахоњанд, ба мо гўянд.
Якум. Даќиќан, ба амалиёти фаъоли њарбї оѓоз мекунем!
Назди дар меравад, кўшиш мекунад онро кушояд. Дар боз намешавад.
Дар мањкам аст, чї?
Дуюм. Не-е.
Ў њам хеста дарро кушодан мехоњад. Дар боз намешавад.
Дар њаќиќат, боз намешавад. Аљоиб. Чї моро фаромўш кардаанд?
Якум. Њама љонканї бењуда. Њељ кас ба мо посух додан намехоњад.
Дуюм. Чунин ба назар мерасад, ки њамаашон дар иди соли нав, ё рўзи табибон маст шудаанд. Шояд њамин бењтар, ки моро љарроњони маст чоку бур намекунанд. Њарчанд, маро як љуръа май њушёр мекунад.
Ба дару девор кўфтан мегиранд.
Њарду. Дарро кушоед! Моро халос кунед!
Нохост њамшираи шафќат медарояд. Бе сухан занљираи трикоро кашида бо як њаракат њардуро урён мекунад ва бе сухан баромада меравад.
Њарду муддате шах шуда мемонанд
Якум. Ин чї њол аст? Ба назарам чунин мерасад, ки ман генерал он тараф, њатто ефрейтор нестам.
Дуюм. Майнам шах шудааст.
Якум. Гўё, ки «ман на манам, на ман манам»: дар бораи генералиам дар ягон китоб хондаам.
Дуюм. Ман њам дарк мекунам, ки ягон ваќт адиби машњур набудам!
Якум. Муносибати мо ба гузаштаамон як аст. Барои чї?
Дуюм. Шояд пеш аз љарооњї доруи оромибахше додаанд?
Якум. Азизам, ба мо ягон дору надодаанд ва мо даќиќан њушёрем.
Дуюм. Бо мо як таљрибаи дањшатангез гузарондан мехоњанд…
Якум (ба бозувони Дуюм менигарад). Воњ, банди дастатонро бинам.
Дуюм. Чї шудааст?
Якум. Ин холи мисли моњи нав каљи баробари се ангушт аз куљост?
Дуюм. Бо ин хол ман таваллуд шудаам. Чаро мепурсед?
Якум. Дар банди дасти ман њам чунин аломат њаст. Бинед.
Дуюм. Дуюм. Наход!? (Менигарад). Рост…
Якум. Ин аломат тасодуфї нест, дар тани дугоникњо мешавад.
Дуюм. Шумо гумон мекунед, ки бародарони њамхунем?
Якум. Даќиќан, бе ягон шубња. Ба мо, нишони якхела гузоштаанд, ки њамдигарро пайдо кунем.
Дуюм. Кї ин нишонро гузоштааст?
Якум. Чї фарќ дорад? Муњимаш, ваќти валодат нохост аз њам људо шудем ва пас аз солњои зиёди људої њамдигарро ёфтем!
Хомўш ба њам менигаранд.
Дуюм. Акаљон!
Якум. Додарљон!
Љониби њам давида, оѓўш мекунанд, байни хона шах шуда меистанд.
Дуюм. Пас аз чандин соли људоињо…
Якум. … пайроњањои мо ба њам печиданд.
Дуюм. Ѓайриинтизор, дар як сари мизи љарооњї…
Якум. Дар як љойи њаќир, бо оњу нола, дар хомўшии вартаи абадї…
Дуюм. … пеш аз хотимае, ки ба назарам ибтидо њам надошт!
Якум. Биё, додарам, ба ту наѓзакак нигоњ кунам.
Ба Дуюм нигариста ашк мерезад.
Дуюм. Не, акаљон, ман мехоњам, ки туро шикамсерї тамошо кунам!
Ба Якум нигариста ашк мерезад.
Якум. Ња, додарљонам мардаки калон шудааст, дигар он навзоди рўсархаке нест, ки дар бари ман дар гањвора мехобид.
Дуюм. Ту њам. Вале бовар дорї, ки мо даќиќан таваллуд шудаем, ё на?
Якум. Додар, бо ин чї гуфтан мехоњї?
Дуюм. Охир, мо аз гузаштаи худ њељ чиро ёд надорем. Фаќат тахмин, афсонањои зебо. Шояд онро аз забони модаре шунидем, ки моро њанўз таваллуд накардааст.
Якум. Мо дар батни модарему сарнавишти мо фаќат орзуњои ўст?
Дуюм. Ња, мо фаќат дар орзуњои ў генералу адиби номї њастем.
Якум. Њамин тавр шуданаш мумкин?
Дуюм. Ба гуфти шумо, «даќиќан» имконпазир! - Мо њоло дар хонаи бе равзана истодаем, ки фаќат як баромадгоњ дорад. Ин дари озодї, роњи дунёи равшан, макони бахт, ки њоло ту генерали он нашудаї.
Якум. Ту њам њоло нависандаи машњур нашудаї?
Дуюм. Ња, вале мо њатман одамони зўр мешавем. Ин орзуи модари мо ва њозир таваллудшавии мо шуруъ мегардад.
Якум. Таваллудат муборак, додарљон!
Дуюм. Таваллудат муборак, акаљон!
Њамдигарро оѓўш карда, ашки шодї мерезанд.
Якум. Чаро ту гиря мекунї, додарљон?
Дуюм. Зеро ки ман њоло хурдам, гиристан ба ман айб нест.
Якум. Вале ба генерал, дар тифлї њам гиристан мумкин нест.
Дуюм. Рост, вале чашмонат нам аст…
Якум. Ашки шодї. Охир њаяљонбахш аст таваллуд шудану дидани ин љањони аљиб бо осмони нилгун, њавои форам, дарахтону гулњояш!
Дуюм. Бо одамош, шањрњо, уќёнусњо, бешазорон, кўњњои баландаш!
Якум. Бо ишќ, дўстї, бахти инсонияш!
Дуюм. Бо кашфиёти илмї, мусиќї, романњо, шеърњои олиљанобаш!
Якум. Бо ракетањои љониби ситорањо парвозкунандааш…
Дуюм… бодбонњои сафеди тањти мусиќии оркестр ба уќёнус њаракаткунандааш!
Якум. Ба фикрам, хона меларзад.
Дуюм. Ња, андак.
Якум. Касе меояд.
Дар боз гашта, њамшираи шафќат медарояд, бо њаракатњои омўхта бо бўрњои ранга ба дасту по, рўй, тамоми бадани дугоникњо онњо хат мекашад. Бародаронро аз њар љониб назора карда, гўё муайяе мекунад, ки оё ягон чизро фаромўш накардааст. Ќаноатмандона сар мељунбонад ва бе сухан мебарояд. Дар боз мањкам мешавад.
Дуюм. Ин чї бало буд, акаљон? (Ба худ назар мекунад).
Якум. Намедонам. Ба танамон бо бўр хатњо кашиданд.
Дуюм. Барои чї моро наќшу нигор карданд?.
Якум. Ин наќш нест, ба мо нишона монданд.
Дуюм. Нишона? Барои чї?
Якум. Бо ин хатњои аз кашида тани моро бо корд мебурранд.
Дуюм. Мебурранд? Барои чї?
Якум. Барои он, ки моро исќоти њамл кунанд.
Дуюм. Барои чї моро куштан мехоњанд?
Якум. То ки мо ба дунё наоем.
Дуюм. Њазён! Инро кї мехоњад?
Якум. Модарамон, очаи зори мо.
Дуюм. Њељ мумкин нест, наход, ки модари мо марги моро хоњад!?
Якум. Даќиќан чунин аст. Мо њоло ба дунё наомада, барояш бори гарон шудем ва ў мехоњад аз мо халос шавад.
Дуюм. Вале чаро орзуњояшро ба дили мо гузаронд? Мо љањонро бо чашми ў медидем, бояд бо симои ормонии ў таваллуд мешудем! Мо дар таманнои вай зистем, дўст доштем, ханда кардем, соњиби вазифа шудем, љањонро гаштем, аз њаёт, аз офтобу мањтобу ситорањо шод гаштем.
Якум. Ин њама фиреби назар буд. Сарнавишти мо аз хобњои парешон, хаёлоти бесару нўг, рўъёи модарамон рўида буд ва ў бояд бо ин орзуву ормони худ видоъ кунад. Ўро мањкум накун. Генерал маргро ором, бо сари баланд ќабул мекунад.
Дуюм. Вале ман мурдан намехоњам. Ман дигар рўъё нестам, дигар фиреби назар нестам, фаќат орзу нестам, пораи хобу хаёл нестам. Ман одамам! Зистан мехоњам! (Фиѓон мекунад). Мешунавї, модар! Оча, очаљон, ин манам! Писари хурдии туям!
Дару деворњоро мекўбад. Якум бо дилсўзї ба ў менигарад, баъд тоб наоварда, ў низ бо гиря дару деворњоро мекўбад.
Якум (дод мезанад). Оча, очаљон, маро мешунавї? Ин манам, писари калонии ту! Маро накуш! (Чанде дару деворро мекўбад, сипас меистад). Бефоида. Намешунавад.
Дуюм. Ё шунидан намехоњад!?
Якум. Биё ором шавем: њаракатњои мо ба љисми модари мо дарду ранљ меорад.
Дуюм. Ња, рост… маро бубахш, очаљон, ман фаќат орзуи зистан кардам. Барои ин гуноњ писари хурдиатро сахт мањкум накун.
Якум. Очаљон, аз гуноњи зистанро орзу кардани ман њам гузар, барои ин гуноњ-орзу писари калониатро сахт мањкум накун.
Ба њамдигар менигаранд, оѓўш мекунанд, байни хона шах мешаванд.
Дуюм. Алвидоъ, акаљон!
Якум. Алвидоъ, додарљон!
Чароѓ хомўш мешавад, торикии зулмот. дар боз гашта, ба хона нури тазъиќовар медарояд, бародарони оѓўшкардаро равшан мекунад.
Дуюм. Ин чї бошад, акаљон?
Якум. Њоло намедонам, додарљон. Шояд ин валодати мост.
Дуюм. Ба фикри ту ў моро шунид?
Якум. Агар шунида бошад, мо наљот ёфтем.
Дуюм. Агар нашунида бошад, чї?
Якум. Пас, оромона ба истиќболи марг меравем!
Дуюм. Мо ба тани модарамон дарду ранљ намеорем.
Њарду. Ором бош, модар. Мо ба таќдир тан додем…
Тањти нури љонгудоз бењаракат меистанд.
Хотима. 2011.
Сергей Могилевцев
Д У Г О Н И К Њ О
Мазњака – фољиа
Тафовути варианти дуюм аз якум дар он, ки ќањрамонњо – дугоникњо дар батни модар урён буданд. Њоло тани онњо бо талаби паувастаи ходимони театр пўшида аст. Якум - бо либоси генералї, Дуюм - бо костюми мўдшуда. Њарду либос театрї аст: Якум – бо трикои муќаррарї, ки дар сари китфаш сурати погонњои зарњалї кашидаанд, Дуюм – бо трикое, ки тугмањои калони сурх дорад, дар сараш кулоњи лапардор. Дугоникњои њоло таваллуднашуда дар батни модаре, ки мехоњад исќоти њамл намояд, худро мањз чунин тасаввур мекунанд.
Дар батни модар ду бародари дугоник: Якум ва Дуюм. Ба назарашон чунин менамояд, ки онњо аллакай мардони комиланд: Якум то унвони генералї расидааст, Дуюм адиби намоён. Њарду аз ояндаи неки худ дилпуранд. Вале њардуро нохост ба мизи љарроњї гузоштаанд. Ва танњо дар лањзаи охир мефањманд, ки ин љарроњї – исќоти њамл аст ва њарду њаргиз таваллуд нашудаанд ва дар рўи замин назистаанд...
Якум.
Дуюм.
Хоњари шафќат.
Хонаи бе тиреза, як дар дорад. Дар барии девор нимкати мулоими рўяш бо клеёнка печонида, дар шафати он мизи шишапўш, болои он олотњои тиббї. Дар болои нимкат чанд маљаллаи куњна.
Дар кушода шуда, Якум медарояд. Дар танаш либоси гернералї. Ба атроф бо тааљљуб менигарад, аз дидани олотњои тиббї нороњат мешавад. Сипас муддате ба нимкат менишинад. Маљалларо гирифта бе мароќ вараќ мегардонад.
Дар кушода шуда, Дуюм ворид мегардад. Аз костуюми зебои бепарвоёна ба бар кардаш маълум, ки шахси эљодкор аст.
.
Дуюм. Бубахшед, якум шумоед?
Якум. Ман њамеша якум!
Дуюм. Нафањмидам…
Якум. Гуфтам, ки ман дар зиндагї њамеша якум њастам! Њам дар кор, њам дар байни дўстон. Аз бачагї саркор будам, яъне ташаббускор, сардори синф, капитанаи дастаи футбол, волейбол, ва ѓайра. Бо духтарњои зебои синф њам аввалин шуда шинос мегаштам. Бовар дорам, ки њатто дар батни модар њам назхустин мебудам, агар очам дугоник таваллуд мекард.
Дуюм. Модаратон дугоник таваллуд кард?
Якум. Њм… ин чандон аниќ нест. Вай сари фарзанд рафт. Ё баъдтар… Даќиќан намедонам. Ба њар оин моро аз њам људо карданд. Дар умри сарам ўро надидаам. Бо ин сабаб намедонам, ки вай дугоник таваллуд кард, ё танњо маро. Маълум нест, ки додар доштам, ё не. Вале дилам гувоњї медињад, ки додаре доштам.
Дуюм. Чаро чунин фикр мекунед?
Якум. Гоњо ба хобам медарояд. Фањмонда наметавонам, вале инро бо эњсоси шашумам дарк мекунам, гоњо дар хобам бо ў чаќ-чаќ мекунем. Дар бораи модари фавтидаамон, дар бораирўзгор, оилањоямон, дар њар мавзўе, ки одатан ду бародар суњбат мекунанд. Ба њар њол, мехостам, ки додаре дошта бошам. Аммо вай њаст, ё не, даќиќан намедонам.
Дуюм. Пас шумо ятим њастед?
Якум. Саѓира? – Ягон майда! Маро касони бошарафе тарбия карданд, ки љойи падару модарро пурра гирифтанд. Танњо баъди калон шуданам ин сирро ба ман кушоданд.
Дуюм. Кадом сирро?
Якум. Ња, гуфтанд, ки маро аз ятимхона гирифтаанд, ман ба он љо бо сабабњои номаълум афтодаам. Ва онњо ќарор доданд, ки маро чун писари худ калон карда, мењри волидии истифода нашудаи худро ба ман бубахшанд.
Дуюм. Мењри истифоданашударо?
Якум. Ња, охир онњо безурёт буданд. Барои њамин ба ман дил монданд, бароям як муњити хубу гуворо сохтанд.
Дуюм. Хуб аст, вале њамон одамони хуб њам модари шуморо надидаанд?
Якум. Гуфтам-ку: ба саѓирахона дар њолати номаълум афтодаам. Ё пинњонї маро ба он љо бурда партофтаанд, ё аз таваллудгоњ баъди фавти очаам оварданд. Даќиќан намедонам. Барои њамин, волидони нави ман модарамро надидаанд. Вале дилам гувоњї медињад, ки додарљоне дорам. Вай дар кадом шањре зиндагї мекунад, ё шояд дар њамин шањр, дар бинои њамшафате њасту ман бехабарам.
Дуюм (андешамандона). Хеле аљиб…
Якум. Чизаш аљиб?
Дуюм. Шумо ќариб айнан њаёти маро њикоят кардед. Маро њам аз саѓирахона гирифта калон кардаанд. Номаълум, ки маро пинњонї ба он љо бурда партофтанд, ё корманди таваллудгоњ пас аз фавти модарам овардааст. Барои њамин ба ман њам рўи модар дар ёдам нест. Ман њам намедонам, ки бародари дугонике доштам, ё не, вале гоњ-гоњ дар дили ман њам эњсосе љўш мезанад, ки касе дорам ва ин њол њаќиќати мањз менамояд.
Якум. Чаро њаќиќат менамояд?
Дуюм. Барои он ки ман њам гоњ дар хобу гоњ дар хаёл бо ў чаќ-чаќ мекунам, аз обу њаво сар карда, дар бораи ањли оила, корубор, сиёсат, тамоми мављудоти олам бањс мекунам.
Якум. Шумо ба сиёсат шавќ доред?
Дуюм. На. Аз сиёсат ќимобам. Медонед, ман нависандаам – ба љањолат, ба њар чизи даѓалу зишт, ки пинњону ошкор боиси дарду доѓи љомеа мешавад, нафрат дорам. Адабиёт, хоса он љанбаи адабие, ки ман меписандам, ифодагари зебої, иффат, улвият - эњсосоти волост. сиёсат бошад – як чизи даѓал аст. Ин маќолро шунидаед? - Сиёсат – ифлосї аст.
Якум. Фањмо. Шумо як лапашанг, аз њаёти фаъол, аз мушкилоти рўз, аз дардњои љомеа дур мегурезед. Ва маълум, ки чї менависед. Вале ман чун марди асил дар байни обу оташам! Ана барои њамин то рутбаи генералї расидаам!
Дуюм. Генерал буданатон аз погонњоятон маълум.
Якум (ќомат рост карда бо виќор ќадам мезанад). Бале. Ва агар мо бародарони дугоник мебудем, њарчанд ин даќиќан ѓайриимкон аст, ман њатман сарнахустин мебудам. Бигузор њатто чанд сония њам бошад, пештар таваллуд мешудам. Шумо њатман фарзанди хурдии модарам мебудед.
Дуюм. Шумо чунин гумон доред?
Якум. Гумон не, даќиќан аниќ! Дарвоќеъ, метавонед шинед.
Дуюм. Ташаккур.
Дуюм бељуръатона дар кунљи нимкат менишинад. Якум маљаллањоро вараќ мегардонад. Вале бо нафрат мепартояд.
Якум. Заб чизњои ањмаќонаро чоп мекунанд!
Дуюм (сулфа карда). Бубахшед, лутфан, шумо охирин њастед?
Якум. Ман аллакай гуфтам, ки ман аввалинам. Дар ин љо, ки намедонам барои чї моро њамроњ даровардаанд, низ ман якум хоњам буд, шумо дуюм: аввал маро љарроњї мекунанд, баъд шуморо. Умед мекунам, ки шумо ба ин зид нестед?
Дуюм. Маълум, ки албатта, сабр мекунам. Адибон одат кардаанд ба сабру тоќат – нашри китобро интизор мешавем, баъд њаќќи ќаламро, мукофоти навбатиро солњо интизор мешавем, илњомро, олињаи илњомро, хонандаи некназарро… Умуман, интизорї касби мо. Барои њамин, шумо бемалол љарроњї кардан гиред. Ман шитоб надорам.
Якум. Ташаккур. Лутфи шумо зиёд.
(Дубора маљаллањоро гирифта беањамиятона вараќ мегардонад).
Дуюм. Мо дар бораи касбу кору аќидањоямон чунон бо мароќ њарф задем, ки як савол пеши назар омад: вохўрии мо дар ин љо шояд тасодуфї набошад?
Якум. Чиро дар назар доред?
Дуюм. Не, ягон чизи мушаххас не. Фаќат як эњсоси аљиб, ки бо сухан ифода кардан душвор. Мефањмед, ин хонаи бе равзана бо ин олатњои дањшатноки тиббї (ба олатњои рўи миз ишора карда) ин теѓу анбўр бештар ба хонаи шиканљаи истинтоќ монанд. Ва интизории беохири харобкунандаи асаб чї лозим?
Якум. Чї, асабатон даќиќан хароб аст?
Дуюм. Асабњои ман? – Маълум. Чаро хароб нашавад бо ин касби мушкили нависандагї? Охир бо чунон зотњои паст, бо андердогњо - оќипадарњое сарукор мегирем, ки ба душманат орзу намекунї.
Якум. Њм… нав дар бораи эњсоси воло њарф задед. Гуфтед, ки ба њар чизи ифлоси рўзгор, ки даќиќан ба назари ман як њолати муќаррарї аст, шумо нафрат доред?
Дуюм. Ња…
Якум. Пас, бо оќипадарњо чї кор доред?
Дуюм. Бубахшед, дигараш набошад, бо кї сарукор гирем? Генерал нестам, ки мисли шумо бо афсарони бошараф суњбат дошта бошам. Насиби мо – навис-навискунандањои мисли худам. Одатан, новобаста аз љинсу синну сол майзадаву сабукпоянд, аслан љинсу синнашон кайњо номаълум шудааст. Ана барои њамин, отаљон, мекўшам, ки дар бораи чизњои зебою воло нависам. Вале азбаски атрофам њама зишту соддалавњонаву нафратангез аст, ниятамро дуруст ифода карда наметавонам, дар навиштањоям аљзу пастї бештар мебарояд.
Якум. Пас китобњоят чунон пасту зиштанд, ки њељ кас намехонад ва њељ кас намехарад?
Дуюм. Э, не-е. Баръакс, хеле зиёд мехаранду мехонанд. Њар ќадар аз лаънатигарї зиёд нависї, њар ќадар ќабоњату разолатро бештар љой дињї, туро бештар чоп мекунанд, туро нобиѓа эълом мекунанд. Ана, барои мисол, маро нависандаи машњури аср мењисобанд, он ќадар њаќќи ќалам медињанд, ки баъзењо дар хоби шабашон орзу мекунанд. Ба маъшуќањо њам пулам мерасад, ба саёњатњои хориљї њам, ба ана ин хел љарроњии намунавї њам. Медонед, барои ман харољоти њамаи ин ягон арзиш надорад. пулњоро њам барои ягон кор сарф кардан даркор, охир.
Якум. Бале, бале. Даќиќан аниќ шуд, ки асабњоятон тамом шудаанд. Арзи њол кардан ба аввалин каси пешомада, ки дар борааш ягон маълумот надорї, даќиќан љасорати бузург талаб мекунад. вале дарвоќеъ, ин њолати мо аљиб, бинои истодаамон аљиб, ин олотњо аљиб, набудани ходимони ин бемористон аљоиб-ул аљаба аст. Оќибат, ягон кас ба мо ягон чизро мефахмонад? Номуайянї ба дилам зад. Ман барои он ба ин љарроњї ризо шудам, ки бояд пулро ба ягон кор сар мекардам: ё бўстонсарой мехаридам, ки чандинта дорам, ё соњиби арўсаки рамзнависе мешудам, ки мудом хоб асту дар хоб генерали љавонрангро баќап кардааст, ё ба њамагон намоиш медодам, ки барои саломатиам ѓамхорї мекунам. Ва то замони ба Ситоди генералї расидан майнаамро бо шароб нўшида тамом намекунам ва тугмаи сурхи ракетањои стратегиро аз тугмаи обпартои њољатхонаам фарќ карда метавонам.
Дуюм (бо афсўс). Чї, хизмати њарбї чунин мушкил аст?
Якум. Хизмат осон, њаќќи хизмат ба даст овардан нафратовар аст.
Дуюм. Эњња, мо аз китобњо хабар дорем, бо иќтибос аз классикон худнамої њам мекунем.
Якум. Ба фикри шумо њама њарбиён љоњилу аблањанд? Агар дарвоќеъ чунин мебуд, дар ягон љангї ягон кас ѓолиб намешуд.
Дуюм. Дар амалиёти љангї генералњо не, аскарњо пирўзї меоранд.
Якум. Мутлаќо дуруст. Мисли он, ки роману шеърро њавлирўбаку устоњои обпарто менависанд. Отаљон, генералњо низ монанди нависандањо ашхоси даркориянд. Њарчанд, ки њарду пеша ќабењангез аст ва бояд бо ягон шуѓли шари иваз карда шаванд.
Дуюм. шумо дар њаќиќат бемор, агар чунин чизњоро талаб кунед. ба фикрам, љарроњї дар айни ваќташ ба шумо даст додаст. Лутфан, гўед, ки бемории шумо чист?
Якум. Ман бемор нестам, даќиќан сињату солимам.
Дуюм. пас, чаро ба љарроњї ризо шудед?
Якум. Даќиќан, ёдам нест, њамту ризоият додаму халос. Шояд маро моил кунонданд, ё худам худуамр маљбур кардам, ки ба ин бањона як муддат дур шавам аз муњите, ки ѓайри шаробу кабобу маю маъшуќа дар ягон мавзўи дигар гап зада наметавонанд. Ё боз ягон сабаби дигар, ки ба ёд оварда наметавонам. Ман охир њатто намедонам, ки куљоямро чок мекунанду кадом узвамро бурида мепартоянд. Барои марди њарбї ин дакиќан муњим нест. ба духтурњо маълумтар, худашон чї кор карданашонро медонанд, дар сатњи олї мебуранду медўзанд. Фаќат чизи даркориро набуранду ягон чизи барзиёдро начаспонанд, дигараш њељ ањамият надорад!
Дуюм. Аљоиб, ки ман њам дар хамин њолам. Худам намедонам, ки чаро ба ин љарроњї розї шудам ва кучоямро бурида мепартоянд. Агар ба ин ягон зарурат бошад…
Якум. Пас, мо њарду дар њоли номуайянї ќарор дорем ва фарќи мо аз њам танњо дар он, ки ман якумаму шумо дуюм. ва агар мо бародар мебудем, даќиќан, ягон кас баробари мо ба њам наздик намебуд. Махсусан баъди он, ки дарду доѓамонро ба њамдигар иброз кардем. Чунон диламонро ба њам кушодем, ки гуё нав аз батни модар пайдо шудаем.
Дуюм. Ё кўшиши пайдошавї дорем, хоса ба назар гирем, ки ин хонаи беравзанаи махуф бо андак тахайюл ба шиками модари њоло моро таваллуд накарда монанд аст.
Якум. Таваллуд накарда, вале саъй дорад таваллуд кунад.
Дуюм. Ё њељ намехоњад таваллуд кунад.
Якум. Чиро дар назар дорї?
Дуюм. Не, њељ чиз. Њамту фикри ба сарам омадаро зикр кардам. Маълум. Ки охир, ин нимкат, ин олотњои дањшатовари тазъиќдињанда, маљаллањое, ки шумо вараќ задед, дар батни модар намеѓунљанд. Дарвоќеъ,дар маљаллањо чињо менависанд? Медонед, ман ки худ нависандаам, барои мутолиа ваќтам намерасад.
Якум. Даќиќан, ягон чизи њалол надоранд. Њамту ифлосињои рўзгор, овозањо ба мисли ким-ки бо зани ким-ки њамхоба шудааст, пистони кї калонтар, кї ба кї хиёнат кардааст, кї аз кї ба воситаи суд чї ќадар маблаѓ ситондааст, кї дар умри пешина зан будааст ва баръакс, кї мард будааст ва њоло модахуки њарис гаштааст. Марвориди кї њаќиќї будаасту аз кї ќалбакї, кї аз њама беортар асту кї зоњирпараст,кї аз баландии мансаб ба виљдон, ба инсонгарї, бубахшед, ба кулли инсоният туф мекунад… Хулоса, рафиќи њаммусибати ман, маљаллањои имрўза он ќадар расвоињо, макру њилаи ашрофонро ошкор мекунанд, ки фиребчањои мо – полковнику генералњои муосир дар назди онњо хандаовар хурду ночиз менамояд.
Дуюм (ба ў нигариста). Ња, дар ваќташ шуморо ба љарроњї овардаанд. Бо чунин андешањо ба шумо хизмат кардан дар артиш мумкин не. Ба њар оин, умед мекунам, ки шумо ба њељ ваљњ бо фармони боло тугмачаи сурхи машњуратонро пахш намекунед, пеш аз он дањ бор андеша мекунед, ки тамоми инсониятро бо тифлон, замину замонро бо њама мављудоти зиндааш ба љањаннам мефиристам, ё нафиристам.
Якум. Шояд барои њамин маро ба љарроњї фиристоданд.
Дуюм. агар ин рост бошад, шумо пас аз ин љарроњї бояд барнагардед.
Якум. Дар сари ман њам чунин фикр пайдо шуд.
Дуюм. Сара боло бардоред, генерал. Мо асп барин сињат. Дарди мо аз зукоми муќаррарї бештар нест ва мо аз ин љо солиму бардам, агар љойи чокро ба назар нагирем,бе ягон харош мебароем. Чок њам барои он лозим, ки ба љисми мо як андак виљдон ва як чимдї некбинї ба оянда меандозанд. То ки боз ягон сол, то љарроњии оянда тоб оварем.
Якум. Ба фикри шумо, даќиќан, бе чарроњї соњиби виљдон шудан мумкин нест?
Дуюм. Мумкин, фаќат бо пули бисёр. Матаассуф, ин миќдор пул надорам, аз ин рў насибаи мо њамин љарроњист. Аммо дилам гувоњї медињад, ки аз ин љарроњї ягон чизи некро умедвор шудан мумкин нест. Таги дилам торик.
Якум. Шумо њарос доред?
Дуюм. Тарс не-ю… интизорї њам канор дорад. Љарроњї кардан хоњанд – кардан гиранд. Нахоњанд, бод или соф ба мо гўянд.
Якум. Ризоям. Даќиќан, ба амалиёти фаъоли њарбї оѓоз мекунем!
Хеста назди дар меравад, кўшиш мекунад онро кушояд. Дар боз намешавад.
(Бо њайрат.) Дар мањкам аст, чї бало?!
Дуюм. Не-е.
Ў њам хеста дарро кушодан мехоњад. Дар боз намешавад.
Дар њаќиќат, боз намешавад. Аљоиб. Чї моро фаромўш кардаанд? Гўё мо мактаббачањое бошем, ки дар дањлези њаммом урён монда масхара мекунанд ва худро вазифадор намењисобанд, ки ба фарёду фиѓони мо ањамият дода, ба имдодамон расанд.
Якум. Мисли ду нафар ба хизмати њарбї даъватшаанда, ки урён истодаанду комиссияи тиббї ѓайри истењзову тамасхур эњсосе надоранд.
Дуюм. Ва шумо бисёр даъватшавандањоро чунин масхара мекардед?
Якум. Ба кадом маънї?
Дуюм. Чї хеле ки гуфтед. – Бечора бачањоро урён карда, бо тањќир тамошо мекардед.
Якум. Хеле зиёд. Њарчанд бовар кунед, он чї ба хизмати њарбї дахл дорад, даќиќан ёд надорам. Ба назарам чунин мерасад, ки дар бораи худам гўё ягон ваќт дар ягон китоб хондаам. Ё худам бароям њолномаи зўре бофтаам, ки дар гарнизонњои гуногун овора гаштаам, аз лейтенантї то генералї расидам, дар маъракањои сермаѓали афсарон нўшонўшї мекардам, бо пешхизматдухтарњо, котибањои махфинавис, занвљаи командирњо ишќбозї мекардам. Њамаи ќањрамониву шуњрату обрў – аслан бори вазнини хизмат буд, ки онро тамоми умр кашидаму ба љонам расидааст, њам бадаш медидам, њам аз он ифтихор мекардам. Ва ба гумонам, ин њама танњо орзуњои мананд.
Дуюм. Аљоиб. Ман њам чунин эњсос дорам, ки ягон ваќт нависандаи машњур набудам, муаллифи китобњои бестселлер- миллионњо нусха чопшаванда набудам, нависандаи беору бемор њам набудам, ки њама гуна пастиву разолату ќабоњатро менавиштаму мунаќќидон аз он девона шуда, маро бо ситоиш ба осмони њафтум мебардоштанд ва хонанда аз навиштањои ман тамоман аќлашро мебохт!
Якум. Муносибати њардуи мо ба гузаштаамон як хел аст. гўё мо њама саргузашти худро бофтаем, ё аз ягон китоб хондаем. Ба фикри шумо чаро ин тавр шуд?
Дуюм. шояд ба мо доруи оромибахше додаанд, ки пеш одатан пеш аз љаррооњї медињанд?
Якум. Пеш аз љарроњие, ки аслан дар бораи вай њељ чизро намедонем? Аз љумла, маълум нест, ки вай барои мо зарур буд, ё на, ин фалокатро мо худамон талаб кардем, ё њамкоронамон, ки мехоњанд аз мо халос шаванд. Љаророњие, ки ба ин давраи танг мубаддал шуда, аз он роњи баромадан надорем. Ба мо, азизам, ягон дору њам надодаанд, бо ягон даво ором њам накардаанд, ва мутлаќо њушёрем мо ва тањти таъсири ягон омили беруна нестем. Танњо бо мо як таљрибаи дањшатангез гузарондан мехоњанд, ки моњияташ ба мо маълум нест, фаќат дар майнаи бељошудаам баъзе тахминњо пайдо мешаванд. Модом, ки ба ин саволњо худамон даќиќан посухе гирифта наметавонем, биёед, дарро кўфтан мегирем. Бовар дорам, ки ин дару девор гўшњои шунавои махфї доранд.
Дуюм. Бале. Ба фикрам, илољи дигар надорем.
Ба дару девор кўфтан мегирад ва талаб мекунанд, ки онњоро сар дињанд. Якум њам ба ў пайрвї карда, чанд дашноми обдори њарбї низ медињад.
Якум. Њама љонканї бењуда. Њељ кас ба мо посух додан намехоњад.
Дуюм. чунин ба назар мерасад, ки њамаашон дар љашни соли нав ё рўзи табибон масти лояъќил шудаанд. Шояд барои мо бењтар бошад, ки љарроњони маст чоку бур намекунанд. Њарчанд, рости гап, худи маро як-ду љуръа май ба њуш оварда, майнаи маро равшан мекунад.
Якум. бовар мекунонам, ки бо њарбињо низ даќиќан чунин аст: бе шароб ягон љанги хурди мањаллию минтаќавї ё умумиљањониро сар кардан ва ѓолиб омадан ѓайриимкон аст. ана боз як ваљње, ки моро ба њам хеш мегардонад ва чунон монанд месозад, ки гўё аз як модар таваллуд шуда бошем.
Дуюм. Аз модари майзада?
Якум. Чї фарќ дорад – модар, ё падар, шояд бобову бибиамон њо дар асри гузашта аз шароби олучагї суииистеъмол мекарданд.
Нохост хомўш монда ба бозувони Дуюм менигарад.
Истед-истед. Ин ќадар ису-усу надавед. Банди дастатонро нишон дињед.
Дуюм. Банди даст, ё њамаи дастамро?
Якум. Њамааш ба ман даркор не. Факат банди даст, њамон ќисмашро, ки таги банди соат меистад. Лутфан, бигўед, ки ин холи банди дастатон, монанд ба моњи њилол, баробари се ангушт аз куљост?
Дуюм. Ин аз кўдакї буд. Бо ин хол ман таваллуд шудаам аз модар, ки ёдаш надорам. Чаро мепурсед?
Якум. Зеро ки ман њам дар банди дастам дар љойи банди соат дар шакли моњи нопурраи каљ, баробари се ангушти мард аз волидони номуайян холл дорам!
Дуюм. Наход!? Нишон дињед, бинам.
Якум (банди соатшро кушода нишон медињад). Марњамат, бинед.
Дуюм (ба он менигарад). Дар њаќиќат, рост…
Якум. Дар ин њолат тасодуф ѓайриимкон аст. Чунин холи якхела танњо дар тани касони наздик, мисол, бародарони дугоник мешавад.
Дуюм. шумо гумон мекунед, ки бародарони њамхунем?
Якум. Даќиќан, бе ягон шубња. Мо дар њаќиќат, бародарем, нишони якхела тамѓаи якхела гузоштаанд, ки дар байни миллионњо касони дигари бепарво њамдигарро љуста пайдо кунем.
Дуюм. Кї ин нишонро гузоштааст?
Якум. Чї фарќ дорад, ки кї мондааст? Муњимаш ин тамѓа њаст дар дастамон истодааст, онро мефишорад, аз дигарон фарќ мекунонад, моро дугоник месозад, ки дар ваќти ба дунё омадан фољавор људо шудем ва инак, пас аз солњои зиёд азобу уќубат даќиќан њамдигарро ёфтем!
Хомўш ба њам менигаранд.
Дуюм. Акаљон!
Якум. Додарљон!
Љониби њамдигар давида, оѓўш мекунанд, байни хонаи мањкам шах шуда меистанд.
Дуюм. Пас аз чандин соли људоињо!
Якум. Пас аз як умр зистан дар роњњои беохири зиндагї пайроњањои мо ба њам печиданд.
Дуюм. Муњимаш, ѓайриинтизор, дар як љойи касофат, дар канори љањон, гуфтан мумкин, охири зиндагї…
Якум. Дар як љойи њаќир, бо оњу нола, дар хомўшии вартаи абадї…
Дуюм. Ња, пеш аз хотимае, ки аб назарам ибтидо њам надошт!
Якум. Биё, додарам, ба ту наѓзакак нигоњ кунам.
Ба Дуюм нигариста ашк мерезад.
Дуюм. Не, ака, ман мехоњам, ки туро шикамсерї тамошо кунам!
Ба Якум нигариста ашк мерезад.
Якум. Ња, додарљонам мардаки калон шудааст, дигар он навзоди рўсархаке нест, ки дар бари ман дар гањвора мехобид.
Дуюм. Ту њам акаљон, дигар он нахустписаре нестї, ки њамагї ду ё се даќиќа аз ман пеш гузашта унвони акагиро гирифтї!
Якум. Гап нест, додарљон. Муњимаш он, ки мо таваллуд шудем, зинда њастем ва нињоят, њамдигарро дидем. Бигузор дар ин љойи аљибу вањмангез…
Дуюм. Вале ту, акаљон, бовар дорї, ки мо умуман таваллуд шудаем, ё на?
Якум. Додарљон, ту бо ин чї гуфтан мехоњї?
Дуюм. Охир, мо аз гузаштаи худ таќрибан њељ чиро ёд надорем. Фаќат тахминњо, фаразияњо, ким-кадом афсонањои зебо, ки дар куљое аз забони касе шунидаем. Шояд аз забони моаре, ки моро њанўз таваллуд накардааст.
Якум. Ту гуфтанї, ки мот њоло ба таваллуд шудан фурсат наёфтаем ва мо дар батни модар ќарор дорем? Ва хотирањои мо фаќат орзуњои модари мост?
Дуюм. Ња, акаљон, модарамон танњо орзу мекард, ки мо писарони њоло таваллуднашудааш генералу нависандаи номї шавем. Мо фаќат дар орзуњои ў вуљуд дорем, вале њоло ба дунё наомадаем. Ва боз як муддат дар шиками ў ќарор дорем.
Якум. Ба фикри ту њамин тавр шуданаш мумкин аст?
Дуюм. Ба гуфти шумо, даќиќан иконпазир аст, акаљон, бале, бале. Ана, бинед, мо бисёр љузъиёти њаётамонро намедонем ва њоло дар ин хонаи бе равзана истодаем, ки фаќат як баромадгоњ дорад. Ин дари озодї, акаљон, роњ ба дунёи равшан, макони бахту иќбол аст, ба дунёе, ки њоло ту дар он генерал нашудаї вале њатман мешавї.
Якум. Ту њам њоло нависандаи машњур нашудаї, бестселлерњои миллионнусхагї нанавиштаї, њаќки ќалами бењисоб нагирифтаї, вале њатман мегирї.
Дуюм. Ња, акаљон, мо њатман одамоне мешавем, ки бояд шавем. Зеро ки ин орзуи модари мо аст ва таваллуди мо њозир шуруъ мегардад.
Якум. Таваллудат муборак, додарљон!
Дуюм. Таваллудат муборак, акаљон!
Њпмдигарро оѓуш карда, ашки шодї мерезанд.
Якум. Чаро ту гиря мекунї, додарљон?
Дуюм. Зеро ки ман њоло хурдам, гиристан ба ман айб нест.
Якум. Ин њолат даќиќан, хеле аљибу гуворост, додарљон: таваллуд шудану дидани ин љањони аљиб бо осмони нилгун, њавои форам, дарахтону гулњояш!
Дуюм. Бо одамонаш, шањрњояш, уќёнусњо, бешазорон, кўњњои баландаш!
Якум. Бо ишќ, дўстї, бахти инсонияш!
Дуюм. Бо кашфиёти нодири илмиаш, бо мусиќии, романњо, шеърњои олиљанобаш!
Якум. Бо ракетањои љониби ситорањо парвозкунандааш, бодбонњои сафеди зимни мусиќии оркестр ба таври њамвор ба уќёнус њаракаткунандааш!
Дар боз гашта, њамшираи шафќат медарояд, љиддї ба дугоникњо наздик шуда, бо њаракатњои омўхта бо бўрњои ранга ба дасту по, рўй, тамоми бадани онњо хат мекашад. Бародаронро аз њар љониб назора карда, гўё муайяе мекунад, ки оё ягон чизро фаромўш накардааст. Ќаноатмандона сар мељунбонад ва бесухан мебарояд. Дар боз мањкам мешавад.
Дуюм (њељ чизро нафањмида). Ин чї буд, акаљон? (Ба худ назар мекунад).
Якум. Намедонам, додарљон. Ба танамон бо бўр хатњо кашиданд. (Ў њам ба тани худ назар мекунад).
Дуюм. Барои чї? Охир, мо њоло таваллуд нашудаем, дар батни модарем, барои чї моро наќшу нигор карданд?.
Якум. Ист, додарљон. Сабабшро пай мебарам. Моро наќшу нигор накарданд, балки нишона монданд.
Дуюм. Нишона? барои чї?
Якум. Барои он, ки моро исќоти њамл кунанд. Бо ин хатњои аз сар то по нишона гузошта тани моро бо корди тез мебурранд.
Дуюм. Аз рўи ин хатњо моро бо корди тез мебурранд? Барои чї?
Якум. Барои он, ки моро куштан мехоњанд.
Дуюм. Барои чї моро куштан мехоњанд?
Якум. То ки мо ба дунё наоем, додарљон.
Дуюм. Њазён! Инро кї мехоњад?
Якум. Модарамон, очаи зори њардуямон, додар
Дуюм. Њељ мумкин нест, њељ бовар кардан намехоњам, ки модари мо марги моро мехоста бошад.
Якум. Бо вуљуди ин, воќеият даќиќан чуни наст. Мо њоло ба дунё наомада, барош бори гарон шудем ва ў мехоњад аз мо халос шавад.
Дуюм. Вале орзуњояшро ба дили мо љо кард, бо симоњои ормонии ў њоло бояд таваллуд мешудем! Мо љањонро бо чашмони ў медидем, дар таманнои вай мо зистем, ба вазифањо соњиб шудем, занњоро дўст доштем, хандањо кардем, љањонро гаштем, аз њаёт, аз офтобу мањтобу ситорањо шод гаштем.
Якум. Ин њама фиреби назар буд, сарнавишти мо аз хобњо, хаёлоти парешон, рўъёи модар рўида буд ва модарамон бо ин орзуву ормони худ бояд видоъ кунад. Ўро мањкум накун, додар, њарчї метавонист, ба мо дод. Акнун маргро бипазир, бо чењроаи ором ва љилодор, ва шукр гўй ба сарнавишт, ки маро – бародари калониатро ёфтї!
Дуюм. Вале ман мурдан намехоњам. ман дигар рўъё нестам, фиреби назар нестам, фаќат орзу нестам, пораи хобу хаёлот нестам. Ман аллакай одами калон шудам. Ман одамам! Зистан мехоњам! (Фиѓон мекунад). Мешунавї, модар! Оча, очаљон, ин манам! Писари хурдии туям!
Дару деворњоро мекўбад. Якум бо дилсўзї ба ў менигарад, баъд тоб наоварда, ў низ дару деворњоро мекўбад.
Якум (дод мезанад). Оча, очаљон, маро мешунавї? Ин манам, писари калонии ту њастам! (Чанде дару деворро мекўбад, сипас меистад). Бефоида. Даќиќан моро намешунавад.
Дуюм. Ту њаќ. Кўшиши мо бефоида. Моро намешунавад, ё шунидан намехоњад. Очаљон, аз гуноњи зистанро орзу карданам гузар, барои ин гуноњ писари хурдиатро сахт мањкум накун.
Якум. Очаљон, аз гуноњи зистанро орзу кардани ман њам гузар, барои ин гуноњ писари калониатро сахт мањкум накун.
Ба чашмони њамдигар нигариста, сипас оѓўш мекунанд ва дар байни хона шах шуда мемонанд.
Дуюм. Алвидоъ, акаљон!
Якум. Алвидоъ, додарљон!
Чароѓ хомўш мешавад, торикии зулмот, сипас дар боз гашта, нури тазъиќовар ба хона медарояд, бародарони оѓўшкардаро равшан мекунад.
Дуюм. Ин чї бошад, акаљон?
Якум. Њоло намедонам, додарљон. Шояд ин валодати мост.
Дуюм. Ба фикри ту ў моро шунид?
Якум. Агар шунида бошад, мо наљот ёфтем.
Дуюм. Агар нашунида бошад, чї?
Якум. Пас, ба истиќболи марг меравем!
Тањти нури љонгудоз бењаракат меистанд.
Хотима.
Соли таълиф - 2011.
Соли тарљума – 2018с.
Свидетельство о публикации №223032700258