Дарио Фо - Дузди боинсоф перевод на таджикском
(Италия)
ДУЗДИ БОИНСОФ
(На њар дузд ѓоратгар аст)
Мазњака - фарс
Тарљумаи Љумъа Ќуддус
Душанбе
2018
Иштироккунандагон:
Дузд
Зани дузд
Мард
Зан
Анна
Аннтонио
Дузди дуюм
____________________________
Тирезаи ошёнаи сеюмро кушода дузд ба хонаи сарватманде медарояд, бо фонуси кисагї хонаро равшан карда, аз назар мегузаронад. Шуои фонус љузъиёти хона, пардањо, мусавварањои ќадимаро равшан мекунад. Дузд тирезаро махкам карда, барќро фурўзон мекунад.
Ваќте ки љузъдони мизро мекашад, ногоњ телефон занг мезанад. Аввал тарсида љониби тиреза давида, гурехтан мехохад. Вале ба худ омада, андеша мекунад, ки модоме дар хона касе нест, љойи хавф њам нест. ва љониби миз меояд. Мекўшад ба телефон ањамият надињад, вале намешавад. Бо эњтиёти тамом, нўг-нўги по ќадам монда, назди телефон меояд ва гўё ба сайд дарафтода бошад, гўшаки телефонро зада гирифта дар баѓали пиљакаш зер мекунад. Гўё ба тасдиќи љиноят, аз гўшак овози торафт пастшаванда, гўё буѓї кардаистода садо медињад.
Овоз. Алло. Алло. Алло. Љавоб дињед… Шумо кї?
Овоз канда шуд. дузд оромона нафас баровард, гўшаки телефонро аз баѓалаш гирифта, бо эњтиёт ба гўшаш наздик овард, чанд бор афшонд ва нолишро шунид.
Дузд. Оооњ… Хайрият-е…
Овоз. Э-эњ, хайрият-е. Шумо кї?
Дузд (бо тааљљуб). Мария, худатї?
Овоз. Албатта, ман. Боз кї мешудам? Барои чї љавоб надодї-а?
Дар тарафи дигари сањна, ки дар торикї мондааст, нур зани бо телефон гуфтугўкунандаро равшан менамояд.
Дузд. Аќлата хўрдї? Акнун ба љои кор њам занг мезанї? Агар дар хона ягон кас мебуд, њолам чї мешуд? Заб кор мекардї!
Зани дузд. Худат гуфтї, ки соњибони хона дар шањр нестанд. Баъд, маро бубахш, ки тоќатам тоќ шуд, дигар натавонистам… аз барои ту хавотир шудам. Чунон дилам танг шуд, ки чашми мўр пеши ў бувад бањре ки дар љайби њубобаш осмон ѓунљад.
Дузд. Шоир шаву рав. Аз куљо донам, ки дар он тарафи сими телефон туї.
Зани дузд. Худоё, чињо мегўї? Ман дар бораи дил гап мезанам…
Дузд. Фањмо, азизам. Мебўсам туро. Кифоя. Ваќт рафт – наќд рафт.
Зани дузд. Ана гап дар куљо! Ман ваќти туро мегирам?! Рањмат! Ман дар азоб, аз ташвиши ту ба њаяљон афтода, ба њолати љунуб гирифторам, ту бошї…
Дузд. Чї-чї? Кадом њолат?
Зани дузд. Ња, ња. Ваќте аз ту хавотир шавам, ба њамин њолат меафтам. Ту бошї, ба эњсоси нафиси ман даѓалї мекунї. Офарин. Хайр, бепарво бош. Дигар ба њаяљон намеоям. Умуман, метавонї дигар ягон ваќт ба куљо ба кор рафтанатро нагўї. Чунки ту дигар кор надорам, ки...
Дузд. Азизам, як андеша кун, чи хел намефањмї, ки ман барои ишќбозї наомадаам. Намемонї, ки як бор оромона бо кайфият дуздї кунам.
Зани дузд. Гузарондї-е… Боз њамон гап. Аз худат ќурбонї натарош. Чї ќадар одамон дар атроф дуздї мекунанд, ѓорат мекунанд, њатто бо силоњ њуљўм мекунанд, вале ягон кас бо зани худаш ин хел хунук гап намезанад. Њарчї ячи-нимчї мебиёриву ягон найранг намекунию дурўѓ намегўию... Бњ,чї ќадар бадбахту берўзиям ман!
Дузд (аз кафо садоеро шунида, беихтиёр гўшакро бо дасташ мепўшад). Хап!
Хайрият, садоњои пешакии соати рўифаршї будааст, ки ба зарба задан пешакї омода мешавад. Зарбаи соати нимашабро мезананд.
Зани дузд. Он љо чї гап будааст?
Дузд (ба худ омада). Овози соат будааст. Худоё, шукр.
Зани дузд. Чї хел овози форам… Соати куњнаи рўифаршї будагист. Боз ба њолати аљиб гирифтор мешавам. Вазнин-а, чї фикр дорї?
Дузд. Ња, чандин кило. (Ба гапи зан сарфањм рафта). Чї, мехоњї онро ба хона барам?
Зани дузд. Не-не. Ин гапро мон… наход ман аз ту њаминро талаб кунам. ту худат ѓамхорак, мењрубонак. Медонам, ки ба ман як туњфа мекунї. Туњфаи майдаяк…
Дузд. Маълум, ки каллаат тамоман каду шудааст. њељ тасаввур карда наметавонї, ки ин тобута пуштора кунам, ьтиллову нуќраро чї хел мебарорам?
Зани дузд. Дар даруни тобут…
Дузд (даѓал). Хайр, њамин хел бошад, чаро яхдон набиёрам? Ана дар ин љо яхдони наѓазакаки 200-литра њаст.
Зани дузд. Дод назан. Ту дар хонаат нестї.
Дузд. Мебахшї. Сарам гаранг шуд.
Зани дузд. Туро шунаванд њам гўр ба-ю, «беадаб бача будааст» мегўянд.
Дузд. Узр пурсидам-ку.
Зани дузд. Ва ман нагуфтам, ки яхдони 200-литра даркор. Онро дар куљо мемонам? Ба ман ягон чизаки майдаяки бекора њам бас. Муњимаш туњфа не – илтифот. Барои дилам. Худат медонї, љони ман. Туњфаро ту меорї.
Дузд. Э, ман аз куљо донам, ки дили ту чї мехоњад. Баъд ин ки њозир дар сари ман ташвиши дигар.
Зани дузд. Ин хел бошад, худам рафта интихоб мекунам.
Дузд. Э, њаминаш намерасид.
Зани дузд. Дилам мехоњад бинам, ки хонаи сарватмандон чї намуд дорад. баъ ба дугонањоям хикоят мекунам, аз њасад сўхта мемуранд.
Дузд. Њоло њозир ман мурда истодам, на дугонањоят. Ман инља барои дуздї омадам. Мефањмї, ё не? Хуб, алоќа тамом…
Зани дузд. Куљо ин ќадар саросема њастї? Каматарак мењрубон бошї, туро ягон бало мезанад? Охир ман занат њастам, дар калисо никоњ кардаем, на мисли хушдорњо дар муниципалитети шањр…
Дузд (норозиёна). Гуфтам – ку, суњбат боќї.
Зани дузд. Аќаллан як бўса…
Дузд. Хайр, бошад. (Лабњояшро бо истењзо ѓунча карда садои баланди бўсаро мебарорад).
Зани дузд. Дўстам медорї?
Дузд. Ња.
Зани дузд. Чї ќадар дўст медорї?
Дузд. Дўстат дорам њамеша, њамеша, њамеша…Акнун гўшаки телефона мон.
Зани дузд. Аввал худат мон.
Дузд. Бошад. аввал ман…
Зани дузд (нохост баланд). Њадячаро фаромўш накун!
Дузд телефонро зуд гузошта, ба он бо ѓазаб менигарад. Хонаро мекобад. Чизеро пайдо карда, ба халтааш гузоштан мехоњад. Нохост ќулфи дар се маротиба тоб мехўрад. Дузд метарсад. Аз долон овозњо.
Овози зан. Дар мењмонхона чароѓ гирён. Худоё, метарсам. Бењтараш равем.
Овози мард. Ором шав. Шояд куштани чароѓро фаромўш кардам. ба фикрат, дар он љо кї буда метавонад?
Овози зан. Мабодо занат баргашта бошад чї?
Дар ин байн Дузд тарсон назди тиреза меояд. Вале тиреза махкам шудааст. Фањмид, ки фурсат намеёбад, ба ќуттии соати рўифаршї даромада пинњон мешавад.
Мард (бо тарс ворид шуда). Аз куљо ба сарат чунин фикр омад? зани ман-а? Барои чї бояд ба шањр баргардад? (Ба њар кунљи хона назар карда). Вай њатто агар донад, ки хонаро ѓорат мекунанд, барнамегардад… Дидї, њељ кас нест.
Зан (тарсон даромада, бо шубња њама љоро мебинад). Худамро ким-чї хел гунањгор эњсос мекунам. (Мард барои кашидани пўстин ёрї медињад). Худо медонад, ту дар бораи ман чї фикр мекунї. Шояд зуд ризо шудани ман рафтори шоиста нест. шарт мекунем, ки занат хеле зиёдтар аз ман истодагарї карда буд.
Мард. Зани ман ба ин кор чї дахл дорад? Њар хел ќоидањои нолозим, одатњои майдабуржуазї дошт. Фаќат барои он гузашт намекард, ки мехост то никоњ бокира бошад.
Зан (ранљўр ва бо эътироз). Ња, албатта - одатњои майдабуржуазї… Вале ба њар њол, ту ўро зан кардї. Мехостам бинам, ки бо ман њам чунин карда метавонї
Мард (ўро оѓўш карда, ба диван кашола мекунад). Азизам, боварам кун, агар вай њамин хел одатњои куњна намедошту боз шавњари ту розї мешуд…
Зан ба диван мешинад. Мард дар бараш љой мегирад.
Зан (аз оѓўши ў худро канда). Ана, тамом. Њамаашро вайронкардї. (Мард пуштаки диванро хобонда, дароз мекашад). Охир шарт буд ба ёдам орї, ки ман шавњар дорам? Акнун чї хел кунам? боз хиљолат, азоб виљдон, эњсоси гуноњ баргашт.
Мард. Мебахшї. Ман намехостам. (Хеста пуштаки диванро рост мекунад). Камтар дар бораи ягон чизи дигар чаќ-чаќ кунем, шояд аз ин мавзуъ дур шавї. Баъд ба он љо меравем?
Зан. Ба куљо?
Мард (бо њаё). Ба хонаи хоби ман.
Зан. Шояд кори бењтарин њамин бошад... Месанљем.
Мард. Ба хонаи хоби ман рафтан?
Зан. Не. Дар ягон мавзўи дигар чаќ-чаќ кардан
Мард. Намешавад дар он љо дар мавзўи дигар чаќ-чаќ кунем?
Зан. Хоњиш дорам, маљбур накун. Биё, дар бораи ту гап занем. Мисол, дар бачагият чї хел будї? Ман тифлаконро дўст медорам.
Мард (итоаткорона). Чї илољ? Хуб, фаќат розї бошї, аз панљсолагї ин тарафаша мегўям. Он тарафаш дар ёдам нест.
Зан. Оњ, аз панљсолагї? Афсўс. Хурдатараконро дўст медорам. Онњо мисли фаришта пок, фанду фиребро намедонанд. Хайр, чї илољ, киё дат нест? Баро ин туро кушта нашавад.
Мард. Хўш, ки бошад, дар панљсолагї њоло кўдак будам, маро шашсола гумон мекарданд. (Љањида мехезад). Э, не! Медонї, дар ин бора бас. Ман худама ганда ањмаќ њис мекунам. як соат зиёд шуд, ки сари мана гаранг мекунї аввал зани маро ба ёд овардї, баъд шўи худата… Каси бадбахт аст, агар ин њама љамалѓаро тоќат кунад.
Зан. Не, азизам, бо ў тамоман дигар шуд. Вай даррав тан дод…
Мард (бо њайрат). Чї хел даррав тан дод?
Зан. Бале. Охир њамон шаб ўро ман ба хонам даъват кардам. Лозим омад ман ўро маљбур кунам, ки зуд тан дињад. Агар аз ишќ њаловатро гирї, чї мемонад? Афсўс, ки шавњари ман шармандавор сабукфикр буд ва зуд тан тан дод. Ана барои њамин, ба вай нафрат дорам. Бо ту њоли дилу ишќ тамоман дигар. Ту чунон наѓз бо исрор талаб карда метавонї, ки дил роњат мекунад. Талаб кун, азизам. Маљбур кун!
Мард. Ња, талаб мекунам, сахт маљбур мекунам, ба он хона меравем. (ба оѓўш кашида, ба хонаи дигар бурдан мехоњад, ки телефон занг мезанад. Њарду гаранг шуда, намедонанд чї кор кунанд). Ин кї бошад? Дар ин беваќтї…
Зан. Зана т будагист?
Мард. Э, не-е. чаро ба ин љо мезадааст? Вай бовар дорад, ки ман дар хонаи очам. Дигар ин, ки ин занги телефони байнишањрне. Ягон кас хато кардагист, ё ягон бекорхўљаи хира аст. биё, ба он љо равем, њозир занг заданро бас мекунад.
Занро оѓўш мекунад, вале зангзанї ќатъ намешавад.
Зан. Хоњиш мекунам, овозаша гирон. Асабњоям хароб шуд.
Мард (рафта гўшаки телефонро мегираду дохили ќуттии миз мегузорад). Ана, тамом. Дигар ба ишќи мо халал намерасонад.
Зан (маъюсона). Худоё! Ту чї кор кардї?! Акнун наѓз фањмиданд, ки ту дар хонаї. Охир ѓайри ту кї телефонро бардошта метавонад?
Мард (бо алам). Чї хел аблањам. Ту њаќ. Пайхас мебаранд, ки ман танњо нестам ва ягон кори бадро пинњон мекунам.
Зан. Рањ-мат. Барои чї рўирост намегўї, ки ба ман нафрат дорї? (Фиѓон мекунад). Боз ќариб тан дода будам. Сазои ман њамин!
Мард (мекўшад соњиби вазъият буданашро таъкид намояд). Азизам, гапњои маро чаппа карда, ба бадї ќабул накун. Худдамонро ба даст мегирем. Оромиро нигоњ медорем. Оќибати кор чаро бояд гумон кунанд, ки гўшакро ман гирифтам? Каси дигар њам ин корро карда метавонад. Мисол… умуман ягон одами дигар… (дар фикр дармемонад).
Зан (бо киноя). Ња-да. Ягон кас сари роњ барои як лањза даромаду
Мард (нобоварона). Ња, айнан њамин тавр.
Зан (бо њамон оњанг). Тасодуфан дар ин љо сайругашт карда, ќарор дод, ки як дарояд. Шояд ягон дузд бошад…
Мард. Албатта, чаро не? (Сафсатта буданашро пай бурда). Э, чї хел дузд?! Агар чунин гумон кунанд, зуд ба полис занг мезананд.
Зан. Бале, беле. Ту аз куљо медонї, ки аллакай занг назаданд? (Бо дањшат). Худоё! Моро дар инљо ёфта њабс мекунанд! (Бо фиѓон). Худоё, политсия! (Љониби баромадгоњ медавад, мард ўро доштан мехоњад).
Дузд тарсон аз паноњгоњаш мебарояд.
Дузд. Политсия? Њаминаш намерасид. Ман худама ба куљо занам?
Мард (аз долон). Сабр кун, биё, тањќиќ кунем.
Зан. Метарсам. Бий, равем, илтиљо мекунам.
Мард. Хайр, мерем. Лекин пўстинатро гирифтан намехоњї?
Зан. Эњ, ња, пўстин. Тамоман аќлама хўрдам. Ин дањшат мебуд агар дар инљо партофта мерафтам…
Дузд (дар ин муддат ба як ќарор омада натавонист). Давида аз тиреза фароям? Не, фурсат намеёбам. Бењтараш рафтани онњоро интизор мешавам. Оњ, меоянд.
Зану мард медароянд. Дузд ба ѓилофи соат медарояд. Сараш бо лангари соат расида, вай садо мебарорад: «Доннн». Зан метарсад.
Зан. Инаш боз чї бало буд?
Мард (бо табассум). Хавотир нашав, азизам. Тинљї. Ин лангари соат, занги соати якро зад.
Зан. Мебахшї, хеле асабонї шудаам. (Мард ба ў пўстинашро медињад. Зан гўшаки телефонро мебинад). Ту њам «баљо» - гўшаки телефона њамин хел партофта мерафтї. (Гўшаки телефонро ба љояш мегузорад).
Мард. Дуруст. Офарин, доноякам.
Њамон замон телефон занг мезанад. Зану Мард бо њайрат ба њам менигаранд ва бештар метарсанд.
Мард (чун каси гипнозшуда гўшакро мебардорад; бо овози дупўста). Алло?
Мисли сањнаи ќаблї, зани дузд дар як гўшаи торики сањна пайдо мешавад.
Зани дузд (бо ќањру ѓазаб). Хайрият! Як соат шуд, ки занг мезанам. Бало дорї, ки гўшака мондиву гап задан намехоњї?
Мард. Мебахшед, бо кї суњбат мекунам?
Зан њам гўшашро ба гўшаки телефон наздик мекунад, ки гапро фањамад.
Зани дузд. Олиљаноб! Аллакай зани худатро намешиносї?!
Зан (ќариб бењуш шуда). Занат! Нагуфтам-а!? Худоё…
Зани дузд. Дар пешат кист? Фосиќ! Овози занро мешунавам. Ин кї?
Мард (ба маъшуќааш). Хап ист. Хатое шудааст. Дар умри сарам ин овозро нашунидаам.
Зани дузд. Вале ман шунидам. Дурўѓгўї бењуда! Ќотил, ќаллоб! Оќибат туро ќапидам! Ана акнун мефањмам, ки чаро нахостї ман ба ин хона оям! Њоло ист, ба хона бармегардї, ана баъд ман ба ту нишон медињам!
Дузд аз паноњгоњ мебарояд, ки гуфторро шунавад. Овози занашро шинохта хавотир мешавад.
Мард. Медонед, хонум, як сањв шудасст… зоњиран, шумо дар ваќти раќам чиндан хато кардед… Ин манзили шањрванд Фрациози…
Зани дузд. Медонам. Наѓз медонам, ки ба куљо занг мезнам: Фрациози, виа Чеини, чилу њафт, хонаи сї… Акнун масхарабозї бас, овозатро њам дигар накун. Фоида надорад, нобакор. Боз талаб мекунад, ки «дар љои кораш ташвиш надињам»!
Мард. Дар ин љо кї кор мекунад? Ин манзили истиќоматї…
Зани дузд. Наѓз кор мекунї. Бо ќанчиќњо дилхушмекунї. Ай, фиребгар, ай дуруѓгў, ай хоин!рост мегўянд касе фиреб мекунад, дуздї њам мекунад! Аниќтараш, касе дуздї мекунад, дурўѓ њам мегўяд!
Мард. Шумо чї њад доред, ки чунин тањќир мекунед? Дузд, фиребгар. Шумо медонед, бо кї њарф мезанед?
Зани дузд. Бо шўи худам! Боз бо кї мешуд?
Мард. Агар шўи шумо дузд, дуздиќалбакии фиребгар бошад, ин мушкилоти шумо. Вале ман шўи шумо не, шавњари зављаи худам њастам, ки хушбахтона дар ин љо нест. Набошад…
Зан. Фаќат зани шумо дар ин љо намерасад.
Зани дузд. Авваланш ин, ки шўи ман дузди дузди њаќиќї.
Мард. Табрик мекунам, синёра!
Зани дузд. Дуюм, агар шумо шўи ман набошед, дар ин хона чї кор мекунед?
Мард. Товба. Инља хонаи худам.
Зани дузд. Фарз кардем, ки шумо шумоед. Дар хонаатон бо зани худатон не, бо зани бегона дар ин беваќтї чї номаъќулї мекунед? Охир ба њама эълом кардед, ки имшаб дар ин хона нестед!?
Зан. Сирри моро фош карданд!
Зани дузд. Ана дидед, вай ќанчиќ њам фањмид, ки шумо фиребгару дуруѓгўй, пас шумо дузд њам њастед. Шўи ман чї њол дорад?
Мард. Бало занад шўятона. Ман аз куљо донам? Бехтараш ба ман фањмонед, синёра, шумо аз куљо медонед, ки ман бояд имшаб берун аз шањр бошам?
Зани дузд. Шўям гуфт. Вай њама сиррашро ба ман мегўяд. Дањ рўз боз шуморо меомўзад, ки...
Мард. Чї-ї?!
Зани дузд. Интизор буд, ки ваќти кулай расад...
Мард. Шўи шумо интизор буд? Ба вай барои чї лозим буд?
Зан (бо даст гўшакро паноњ карда). Њоло њам нафањмидї? Зани ту шўи ваяя киро кардааст, ки моро пайгирї кунад. Шояд, муфаттиши махфї аст
Мард. Акнун мефањмам. Пас, шўи шумо њамин хел як кори аљоиб мекунад!
Зани дузд. Ин касбаш.
Мард. Дарвоќеъ, касби олиљаноб, агар инро кори хуб шуморед – яъне, кўшиш кунед, ки зан аз шўи худаш људо шавад.
Зани дузд. Шўи ман маљбур мекунад, ки занаш шўяшро партояд? Шумо љиннї шудед?
Мард. Айёрнакунед… маро бовар накунонед, ки гўё њељ чизро намедонед. Зани ман… Бо ман чунин найранг сар кардааст. Дуруст мегўянд, ки сидќу сафои дутарафаи оилавї кайњо ба ассафалосилин рафтааст. Мани аблањ бошам, худамро фиреб медодам, ки зани ман ба баъзе корњо ќобил нест. Зани љиддї, садоќату вафои ќадимаи оиларо нигоњ медорад. Ман сода будаам!
Зани дузд. Чї, шумо гумон доред, ки зани шумову шавњари ман… њарду?
Мард. Ман чї гумон дорам? Њоло сад фоиз бовар дорам. Биёед, масхарабозиро тамом кунем!
Зани дузд. Майлаш, майлаш. Фаќат шўи ман куљо шуд?
Мард. Шумо надонед, ман аз куљо донам?
Зани дузд. Ман њаминашро медонам, ки як соат пеш дар хонаи шумо буд.
Мард. Дар ин љо? дар хонаи ман?
Зани дузд. Ња – да. Ман занг зада будам. Гумон кардам, ки њоло њам дар он љо.
Зан. Аниќ, калидро аз зани ту гирифтааст.
Мард. Албатта, барои он, ки шабу рўз бо бошад. шартмекунам, ки њозир дар он љо дар виллаи «Поненте» хоб аст.
Зани дузд. Дар виллаи «Поненте»? Шўи ман дар он љо хар гум кардааст?
Мард (бо киноя). Чї хел намедонед? Магар ба шумо њамаашро нагуфтааст? Гумон кардам, ки њељ чизро аз шумо пинњон намекунад. Куљо меравад, чї кор мекунад… ба њар њол, њисси кунљковии шуморо ќонеъ мекунам: виллаи «Поненте» дар виа Аристид Љамбонї, 34, телефонаш 7856, дар он љо зани ман, ки ба зани ман буданаш муњлати хеле кам мондааст… (Бо ќањр гўшаки телефонро мегузорад).
Зани дузд ѓайб мезанад. Зан - маъшуќа навња мекунад
Зан. Ана ин шармандагї! Ана ин љанљол! Ваќте шўям фањмад, чї хел бадард ќабул мекунад, бечора. Чї ќадар худќурбонињо кардам, ки љузъиёти корро пинњон дорам, хабардор нашавад, ўро хафа накунам... Њатто барои њамин алоќаи нињої… ана акнун дар ин лањзаи олиљаноб…
Мард. Ба фикрат њоли ман хуб аст? Хостам аз кори мушовирии муниципалитет бароям. Вале акнун шубња дорам, ки маро раис интихоб мекунанд?
Зан. Ба мо чї кор мемонад? Танњо фирор, ё иќрор шудан ба нозирони ќонун.
Мард. Э, гузарондї. Ба дасти нозирони ќонун? Барои чї? Охир, чї кори бад кардем? Њоло моро дар сари љиноят надоштаанд. Не, мо њамту чаќ - чаќ кардем. Аз њар бобат, мисол, дар бораи бачањо њар задем.
Зан. Дуруст. Ман гуфтам-ку бачањоро дўст медорам.
Мард. Ња, рост. Фаќат бењтараш дар ин хусус хомўш истем. Одамњои баддил гумон мекунанд, ки мо наќшаи пешакї мекашем. Барои бача. Чунон ѓазабнокам, ки худамро паррондан мехоњам.
Зани. Ана ин фикри оќилона, хулосаи бењтарин мебуд.
Мард. Чї, чї?! Хулосаи бењтарин? Аќлата хўрдї? Сарлавњаи рўзномањо пеши назар меоянд: Мушовири коммуналї, ки њамчун муовини мэр, беш аз 50 аќди никоњро ба тасвиб расонд, аз барои хиёнати занаш худро парронд! Тасаввур мекунам, ки чї хел маро хандахариш мекунанд!
Зан. Ина бинед, њоло њам ќобил аст ба худаш кнояву пичинг кунад. Ту дарк намекунї, ки чї ќадар вазъият масъулиятнок аст.
Мард. Чаро бояд сахт ба дил гирем? Мо дар дом афтодем. Фаќат сабр кардан мемонад, ки прас аз як-ду соат зани ман аз виллаи «Потенте» меояду… Исто. (Андешааш дигар шуда). Як-ду соат-а? чаро аз ин урсат истифода набарем? Љазо дињанд њам, аќаллан барои кори кирої љазо ди.њанд. (Ба назди зани дар диван нишаста меояд).
Зан. Ин хел бењаё нашав, илтиљо мекунам. (Мардро сабук тела медињад ва ў боз рўпоён ба дивани пуштакаш хобида меафтад).
Мард (бо даст кўфта дашном медињад). Ин дивани патентдори аблањро худам харида будам-е.
Зан. Наход, ки дар дилат ягон эњсоси нек ба ман набошад? Аќаллан њамдардї нестї. Намефањмї чї ќадар маъюсам!
Мард. Э, гузарондї. Маъюс –а! Аслан, ту аз ман чї мехоњї? Худама парронам? (Аз ќуттї таппонча гирифта ба чаккаш мебарад). Он ваќт розї мешавї?
Зан. Не-е-е-е… ту чї кор мекунї? Ист. (таппончаро мегирад).
Мард фаќат тарсондан мехост, мўйлабњояш аз ханда мељунбанд.
Мард (бо табассус, киноя). Чї, аллакай намехоњї худама кушам?
Зан. Азизам, то ќулфакаша накушоиву тираш ба тирдон надарояд, туфангча намепарронад. (Дуруст мекунад). Ана акнун марњамат.
Мард (бо њайрат). Ва… метавонам сар кунам?.
Зан (дасти ўрото пешониаш бардошта). Фаќат зудтар. Охир намехоњї, ки ваќти омадани занат зинда бошї.
Мард. Уф… (Таппончаро бо тарс бе пешониаш мерасонад. Ин дам соат овоз бароварда зарба мезанад. Мард як ќад парида ба таппонча менигарад).
Зан. Соати аљиб: аввал зарбаи соати якро зад, њоло ними якро. Ба фикрам, ќафо мегардад, яъне баръакс.
Мард. Даврвоќеъ, уруст. Пеш ин хел одат надошт. Шояд ин нидои ѓайб бошад: дасти сарнавишт дасти ќотилро нигоњ дошта, мефањмонад, ки соати њаётро боздоштан мумкин, вале ќафо баргардонда наметавонї. сипос арз мекунам, ай руњи пок. Ай соати азиз, маро наљот додед!
Соатро чун одами зинда оѓўш карда мебўсад. Зарбањои соат давом меёбанд ва гўё тасдиќ мекунанд.
Овози дузд (зоњиран аз зарбаи сахти лангари соат тоќаташ тоќ шудааст). Э, бас-е, бало занад! Бас!
Мард (давида ба оѓўши зан медарояд; бо тарс). Такдир!
Дузд (аз ѓилофи соат баромада, љойњои зарбхўрдаашро молиш медињад). Аљаб зарбаи сахт. Шабатон хуш бод. Мебахшед, тасодуфан, оби маъданї-растанї надоред? Дар сарам чанд ѓуррпайдо шуд.
Зан. Ѓуррї! Аљаб таќдири шармандавори ѓуррї-дор!
Мард. Лутфан арз мекардед, ки шумо кистед? Ва дар хонаи ман чї кор мекунед? Љавоб дињед, ё ман шумори ѓуррињоятонро зиёд мекунам!
Зан. Илтиљо меекунам, ин даѓал нашав. Камтар оби маъданї-растанї дињї, кам намешавї.
Дузд. Ња, монед-е. Фаќат камтарак оби маъданї-растанї мехоњам.
Мард (боќатъият туфангчаро рост карда). Шумо дар њаќиќат мехоњед, ки сабру тоќати ман тамом шавад? Гўед, шумо кистед? Кї?
Дузд (тарсида). Истед, њозир мефањмонам. Ман шавњари… хулоса, њамон зане, ки ба ин љо занг зада буд зани ман аст. ман бошам, шўи вай.
Мард. Хайр… пас шумо шавњари вай… Офарин!
Дузд. Ња, мо дар калисо никоњ кардаем.
Мард. Аз таќдиратон шодам: пас, шуморо дар мазори табаррук карда гўр мекунанд.
Дузд. Чї хел мегўронанд? Э, не. Шумо ба ин кор њаќ надоред. (Ба зан мурољиат карда). Ин кас њаќ надоранд. Синёра, шумо шоњид, ки ман беяроќам. Ба назар гиред, ки агапр аро парронад, бо моддаи 27 кодекси љиноятгунањгор дониста мешавад. Шумо метавонед танњо ба њаво парронед, њамон њам дар њолате, ки агар ман гурезам. Вале ман фирор намекунам ва шумо ба паррондан њаќ надоред. Таъкид мекунам, ин ќасди пешакї. Љазояш хеле вазнин.
Зан. Кодекси љиноятиро наѓз медонед. Шумо њаќ. Вале мо ба ќафои шумо мепарронем, чунон, ки дар љанг нисбат ба нохалафон мекунад. (Ба Мард) Лутфан, ба пушташ парронед. (Ба дузд). Шумо ќафоятонро гардонед.
Дузд. Мебахшед, ман њељ хоњиши љангбозї надорам. Бењтараш, биёед, политсияро даъват кунем.
Мард. Ња, бало-е. Полисро љеѓ мезанем, Полис хиёнати зављаро ба ќайд мегирад, мо фано мешавем, ту мукофот мегирї.
Дузд. Ман мукофот мегирам? Аз кї?
Мард. Аз зани ман.
Дузд. Шумо девона шудед? Њатто намедонам, вай кї!
Зан. Дурўя. Зани ўро намедонед? Ба ќафояш парронед, илтиљо дорам. Чї ќадар нафратангез аст!
Мард. Як даќиќа. (Ба соат ишора карда). Шумо дер боз дар он љо?
Дузд. Аз ёздању 47 даќиќаву бисту ду сония. Ваќте шумо омадед, ба даруни он даромадам.
Мард. Даруни соат, ки бошед, занг зада наметавонистед. Шояд бе љанљол људо шавему њолати вазнинро бартараф кунем?
Зан. Чї хел њолат њолат бартараф мешавад? Баръакс, ин ба њама кас лаќќида, ба тамоми одам хабар медињад.
Дузд (намеањмад, ки гап дар чист, вале фаќат барои бартараф кардани хавф). Не, не, намелаќќам. Хапи ману љон халос. Ман умуман ќобил нестам, ки… (ба мили таппонча, ки назди дањонаш љой дорад, пуф мекунад). Ана, мебинед,
Мард. Дарвоќеъ, агар парронем, шоњиди равшани кори мо мешавад.
Зан. Сахтакак захмї кардан мумкин.
Мард. Фарќаш чї?
Мдузд. Ман њам њаминро мепурсам: ин чї маъно дорад?
Зан. Маънияшро наѓз медонам: агар як раги эпистофии асабашро захмї кунем (паси гарданашро мепалмосад).., вай дар байни эпистоф ва атлант меистад, хотирааш гум мешавад…
Мард. Ту ба ин боварї дорї?
Зан. Мутлаќо. Ба њар сурат фалаљ мешавад, аз гапзанї мемонад ва ин моро ќонеъ мегардонад.
Дузд ( худро аллакай фалаљ тасаввур карда). Вале маро ягон зарра ќонеъ намекунад. Ягон воситаи безарартарашнест? Як фикр кунед, синёра. Шумо хеле доно будаед.
Зан (шод гашта). Дигар восита њам њаст: наѓазакак нўшонда, масти лояъкил кардан даркор. Ба шоњидии маст њељ кас эътибор намедињад.
Мард. Дуруст! Ман доим мегўям, ки шумо зани њайратангез њастед!
Дузд (нафаси сабук кашида). Бале, бале. Синёра зани њайратангез. Ман зуд инро фањмидам. (Даст ба њам молида). Хайр,чї менўшем? Агар ба шумо фарќ надошта бошад, ман винои сурх мехоњам. Аз сафдаш зардаљўшак мешавам.
Мард. Вино не. Ин таърихи дурудароз дорад. Бењтараш виски, ё љин – араќи англисї. Се ќадањ мебардорию тапа-тайёр мешавї.
Дузд. Ростї, вскиро дўст намедорам. Маззаи бензин мекунад.
Зан (ќадањњоро пур карда). Вискии мо ягон зарра маззаи бензин надорад. Шотладии њаќиќї. Марњамат. (Медињад).
Мард. Хайр, чї хел?
Дузд (менўшад). Бењтарин виски! Дарвоќеъ, навъи махсус.
Мард (менўшад). Албатта, сифаташ олї. Нархи як шишааш охир, панљ њазор лир аст!
Дузд. Боз камтар намерезед?
Мард. Эњња, ин хал шалаппондан гиред, ба мо њељ чиз намемонад.
Зан. Мумсикї накун. Илтиљо дорам. Охир ин бояд нўшида масти лояъќил шавад. Њамин тар не?
Дузд. Дуруст, ман. (Љасуртар шуда). Вале бисёр хоњед, шумо њам бадмастї кунед. Ња-ња-ња. Ба занам гўям, бовар намекунад. (Бо ёди зан табассумаш гумм мешавад). дарвоќеъ, ба занам чї гутед, ки ин ќадар хафа шуд? Шумо бо ин коратон маро наѓзакак печондед. Аммо њозир, лутфан, ба зани манавран занг занеду ќиссаи худро њикоят кунед.
Мард. Кадом ќиссамро? Шумо чиро дар назар доред?
Дузд. Хайр, он ки чї тавр маро нўшондед… ки ман хап кунам ва дар бораи он,ки танњо ба њардуи шамо дахл дорад.
Зан. Оњ, бало-е. Ба ин шоњид даркор. Ту њаќ будї. Ба пешонааш як тир мезанему тамо, дигар аз ташвиш халос мешавем.
Мард. Воќеан дуруст мегўед.
Љониби бар равон мешавад, ки таппончаро гирад. Аммо дузд пешдастї мекунад ва љониби ў рост мекунад.
Дузд. Ассалом.
Мард. Њой, њой, бе шўхї.
Дузд. Шўхии ањмаќонаатонро шумо бас кунед! Аввал маљбур кардед, ки як соат дар ин тобут ба сарам зарбаи лангари соат хўрам, баъд занамро бар зидди ман шўрондед, ана баъд хостед бо кадом як раги эпистоф фалаљ гардонед. Баъд куштан мехоњед. Шўхињои ањмаќонаатон тамом мешавад, ё не? Ман инља барои дуздї омадам, на барои масхарабозї!
Мард. Барои дуздї
Дузд. Бале, дуздї. Охир ман дуздам. Љиддї мегўям.
Зан (шод гашта). Дузд? Аљаб коре. Акнун маълум мешавад, ки дузд будааст! Набошад, гўед, ку нимниќоби сиёњ, жемпери рах-рах ва туфли пошнамулоим?
Мард. Рост мегўяд, канї њамаи инњо?
Дузд. нимниќоби сиёњ? Туфли пошнамулоим? Ман аз сурати газета баромада наомадаам. Аслан, шумо дар бораи дуздњо чї медонед?
Зан. Ба таављљўњи шумо, дар бораи дуздњо ман њамаашро медонам.! Ман ба викторинаи телевизионї бо номи «Дуздњо ва ѓоратњои машњур» сахт тайёрдидаам.
Мард. Ана барои чї кори таппончаро хуб медонї. (Ба дузд). Њамдардї изњор мекунам. Ба шумо омад накард. Ягон касби дигар интихоб кунед.
Вор. Гўш кунед, дўстдори шўхии тунд, ягон ваќт ягон чиз дар бораи дастаи Мартелло нашунидаед?
Зан (ба ёд оварда). Дастаи Мартелло… ба вай дохил мешаванд Манља Серафинї, Торнати Анљело, бо лаќаби Станка…
Дузд. Торнати Анљело бо лаќаби Станга, на ин ки Станка… Станга – ба маънии дароз.
Зан. Дароз? Гуфтеду мондед. Вай аз куљо дароз? Калтача.
Дузд. Чї, ман ба фикри шумо ќаддарозам?
Мард. Шумо ба ин кор чї дахл доред?
Дузд. Дахл дорам! Пурра! Ба он, ки, бо рухсати шумо, Торнати Анљело бо лаќаби Станга ин манам! Бовар накунед, ана ин гувоњнома, ки ман пас аз се сол аз мањбаси Сан Стефано баромадам. (Коѓазро нишон медињад).
Зан (гувоњномаро дида). Ана ин њайратангез! Шумо дар њаќиќат, Станка… бубахшед, Станга њастед. Хеле хуб. Рухсат медињед, албатта… (Оѓўш мекунад ва аз ду баорир рўяш мебўсад). Дузд! дузди њаќиќї! То њол дузди њаќиќиро надида будам! Рухсат дињед шуморо наѓз бинам.
Мард. Њой, ту чї кор мекунї? Ин нобакор ба хонаи ман барои дуздї омадааст, ту ўро мебўсї. Ин нафратовар аст!
Зан. Илтиљо дорам, рашкатро нигоњ дор. Нафратангез будааст. Ту ягон бор дуздро бўсидаї?
Мард. Не.
Зан. Хайр, чиро нигоњ карда мешинї? Бичаш. Баъд меањмї, ки нафратангез аст, чуноне мегўї, ё на.
Садои занг.
Њама. Боз инаш кї бошад?
Дузд. бовар дорам, ки мин зани ман. (Гўшакро бардошта). Ва ба ў њамаашро фањмонед. Алло, Мария? Ту бо ин занги телефонат маро ба як мољарои аљоиб гирифтор кардї. Огоњ карда будам, ки ба љои корам занг назан, њатто сўхтор шавад њам, маро дар ташвиш намон, мехоњам, ки охири охирон њаминро фањмї ва оромак дар хона шинї.
Мард. Вале охир телефон занг назадааст. Ин занги дари даромад.
Дузд (бо ѓазаб ба ѓазаб ба гўшак нигариста). Ана бароичї сухани маро набурид. (Гўшакро мегузорад).
Мард (тирезаро кушода ба берун менигарад). Кист он љо?
Овози занона. Боз кї мешуд? Албатта ман, охир, Анна.
Зан. Оњ, худо зад. Ин дафъа аниќ зани худат омад.
Мард (мекўшад ором бошад). Ња, туї, азизам? Интизор набудам. Чї шуд, ки якбора…
Анна. Инро ман аз ту парсиданї, ки чї шуд? Як зани девона ба ман занг зада… тањќирњо кард.
Дузд. Зани девона – аниќ зани ман! Ќасам мехўрам.
Анна. Барои чї дарро намекушої?
Мард. Њозир, њозир мекушоям. (Аз пеши тирез а дур шуда). Фаќат ў намерасид. Акнун ба вай чї мегўем?
Дузд. Ба ман осон: аз тиреза мепараму меравам.
Мард (ўро дошта). Э, не, азизам. Бисёр сода набин. Охир аз барои туву зани ту мо ба ин мољаро афтодем. Акнун лутфан барои халос шудани мо ёрї расон.
Дузд. Ман? Чї хел ёрї расонда метавонам?
Мард (ба зан). Њозир, як лањза… Чї мешавад агар шумо наќши зану шавњарро иљро кунед?
Зан чї хел? Зани касе шавам, ки ўро тамоман намешиносам?
Мард. Парво накун, ишќ баъд пайдо мешавад. Ба њар сурат худро аз зани шавњари дурўѓї вонамуд кардан маъшуќаи марди асиѓайриаслї вонамуд кардан осонтар. (Љониби дар меравад, ки занашро ворид созад). Таппончаро, ки рўи миз истода буд, гирифта ба љайбаш меандозад. Хоњиш мекунам, бе шўхии бемаънї амал кунед. (Мебарояд).
Зан. Худоё, ин чї бало буд? Хезед, як худатона нишон дињед. (Аз сар то пой аз назар мегузаронад). Ягон либоси дурусттар пайдо нашуд? Ваќте ба мењмонмеравед, ба назар гирифтан даркор. Аз барои шумо шуда, њоли ман бад мешавад. Медонед-ку, агар либоси шавњар бетартиб бошад, њамеша зан гунањгор аст.
Дузд. аз куљо донам, ки чунин мољаро мешавад? ба њар њол дар хона костюми рах-рах дорам. Њозир давида рафта меорам.
Зан. Э, не. (Кисањои пурро мепалмосад). Хандаовар. Ин ѓуррї чї?
Дузд (дар њолати манекен истода). Услуби дўхташ њамин хел.
Овози Анна (аз долон). Донистан мумкин, ки дар ин љо чї гап? Дар хона кї њаст?
Мард. Њозир њамаашро мефањмонам. Як иштибоњ шудааст. Вале акнун њамааш аниќ шуд.
Анна. Чї хел иштибоњ? Магар ту дар хонаи модарат набудї? Чаро ту баргаштї?
Мард (медарояд, аз паси ў занаш). Ана њаминро ба ту мефањмонам. Шинос шавед: ин кас доктор Анљело Торнато…
Дузд (сардона ислоњ мекунад). Торнати…
Мард (бо табассуми дардомез). Ња, мебахшед. Торнати бо зављааш.
Дузд. моро шавњари шумо никоњ кард, ишќ баъд меояд гуфт.
Мард. Ваќти муовини мэр буданам никоњ карда будам.
Зан. Мебахшед барои дар беваќтї сар халондан. Дар њаќиќат, аз рўи одоб нашуд… вале ба мо зарур шуд, ки ба шавњаратон мурољиат кунем, ки… зеро кич и хеле мебинед…
Анна (сард). Бењтараш гўед, ба ман шумо занг задед?
Мард (саросемавор дахолат карда). Ња, ња. Њамин буд. Вале ту бояд ўро фањмї, бечора хеле дар изтироб буд.
Зан. Бубахшед, синёра, аз рашки ногањонї сарам гаранг шуд. Хуло медонад, ки чаро дар сари ман фикре пайдо шуд, ки шавњарам ба ман бо шумо хиёнат мекунад. Њоло ки шуморо дидам, дар њайратам, ки чї тавр ин фикри бемаънї ба сари ман омад.
Анна. Чї, ман тамоман бадафтам. Росташа гўед? Аљуза кампирам?
Зан. Не, синёра, ман ин хел нагуфтам. Баръакс, шумо зани хеле ситорагарм. Вале завќи чапанонаи шўямро, ки медонам.
Дузд. чї хел чї хел? Завќи чапанона?
Зан. Соддалавњона, даѓал…
Анна. А лбатта, афсўс, ки шумо соддалавњу даѓал њастеду вай ба шумо дил бастааст. Вале ин чунин маъно надорад, кимех маро њам чунин ченучоќ кунеду дар як лавња бо шўятон гузоред, ки њамин љо њозир аст.
Э, бас кунед. Аввал чапанона, даѓалу сода… акнун дар як лавњаин љо њозирбуда!
Мард (бо нияти оштидињї). Хуб, хуб. Зиёдаравї накунем, азизам. Албатта, худо медонад чї хел аст, вале мумкин њоло маъќул мешавад.
Анна. Офарин ба шўи ман! Намунаи олии мардони асил, ки ман издивољ кардам, ба љойи он, ки аз шубњаи касе дар бораи бевафоии ман ќањру ѓазаб кунад, ў мехоњад ман ошиќи эњтимолиамро љозиб гўям.
Зан. Итамоман ин хел не, синёра. Шавњари шумо инро дар назар надошт. Фаќат гуфтан хостанд, ки агар зан ошиќи шўяш бошад, гумон мекунанд, ки бо тамоми чапаниву даѓалиаш вай ба њама занњоидигар маъќул мешавад.
Анна. Гап нест, усули аљиб. Ин баробари он аст, ки изњор кунад: агар шўи ман ба ман маъќул бошад, пас хоњад нахоњад, вай ба шумо њам маъќул мешавад, барои мисол. Модом, ки зан дорад, чаро шуморо маъшуќаи худ накунад!
Зан. Ташаккур. Не, лозим не.
Анна (ба дузд). Шумо њељ чиз намегўед?
Дузд. рости гап, ман жам бењтар медонам, ки шумо, маъшуќаи ман бошед, синёра, на ин ки занам. Агар албатта шўятон зид набошад. Аслан худаш бояд њукм кунад. Ў моро никоњ кард.
Анна (аз ин суханњо завќ карда механдад). Ња-ња-ња. Шўху њозирљавоб будаед. Ана барои чї зани шумо аз дигар занњо хавф дорад. Мардњои њозирљавоб аз њама хавфноканд, махсусан агар завќи даѓалу чапанона дошта бошанд.
Дузд (ба Зан). Ў боз маро даѓалу чапан гуфт.
Зан (дар ѓалаёни эњсос дасти ўро молиш медињад). дуруст. Ў дар њаќиќат хавфнок. Шумо тасаввур карда наметавонед вай чї хел хавфнок!
Мард (норозиёна). Хайр зиёдаравї накунем… (Худро ислоњ карда). Њама и мардњо хавфноканд. Яке камтар. Дигарї зиёдтар.
Анна. Вале ин дигару он дигар. (Ба љуфти мењрубон нигариста). Бинед, мисли навхонадорон. Шумо дарвоќеъ, ба њамдигаратон маъќул? (Ба шавњараш). Ман дуруст гуфтам, азизам?
Мард (бехуд шуда). Ња-ю… бењтараш шаббахайр гўем. Беваќт шуд.
Анна. Даѓал нашав, азизам. Хоњиш мекунам. расмиятчигиро монед дар хонаи мо монед, чї ќадар хоњед. Дишгар ин, ки чаро ба ин муносибат нанўшем?
Дузд. албатта, фикри хеле хуб. Мисол, виски нўшем, ки навака хўрда будем. (Шишаро мегирад).
Зан (ишораи рад мекунад). Лутфи шумо зиёд. Вале мо бе ин њам аз мењрубонии шумо суиистифода кардем. (Дузд шишаро дар кисаи худ пинњон мекунад). Дар њаќиќат дер шуд. Намехоњам, ки шавњарам ба хона баргашта, маро наёфта… (Хатояшро фањмида њушёр шуда). Ки дер ба хона баргардад. Хонаи мо дар канори дигари шањр, пагоњ барваќт бояд ба кор равад. Њамту не, азизам?
Дузд. Чї гуфтї?
Анна. Дар ин сурат чаро шаб дар ин љо намонед? Хонаи холї њам дорем. Ту њам хоњиш бикун, азизам.
Мард (хвёломез). Рост, чаро дар ин љо хоб накунед? (Њушёр шуда). Э, чињоро маљбур мекунї? Шояд онњо дигар чизро афзалтар шуморанд.
Дузд. Ња, мо хеле афзалтар мешуморем.
Анна. Офарин. Дидї, афзалтар медонанд ки ин љо монанд. Шумо тасаввур намекунед, кичї ќадар маро шод мекунед.
Зан (бри охирин мекўшад рад кунад). Вале дар њаќиќат, мо дар ин љо чизњои одатии худро надорем. Шавњари ман бошад, бо пижама хоб карда наметавонад.
Анна. Гап фаќат сари њамин бошад, шавњари ман пижамаи худро медињад, наваша албатта. Не?
Мард (маъюсона). Албатта.
Анна. Рафтем, синёра, ман ба шумо хонаи хобатонро нишон медињам. Ба шумо маъќул мешавад. бовар дорам. (Ба дузд). занатонро як даќиќа медуздам.
Занњо мебароянд. Мардњо танњо монда ба њам менигаранд, яке гаранг, дигарї бо адоват. Аввал мард сар мекунад.
Мард. Њамин ќадар аския кардан шарт буд? Дон Жуани њаќир, ана шумо кї. Фикри бо вай хоб карданро накунед! Боз дар пижамаи ман. Њатто ба фикратон роњ надињед!
Дузд. њатто ба фикрам роњ надињам? Ње-ње! Ин фикри олии шўи маъшуќаи шумо шудани ман ба сари донои кї омада буд? Боз асабонї њам мешавад… Як одами бечора барои як бурда нон ба ин манзил омад, нагузоштанд, ки зудакак соњиби ячи-нимчи шавад, болои он маљбур карданд, ки харигарии соњиби хонаро пўшонад. Э, не. Мебахшеду, лутфан фавран ба хани ман занг зада фањмонед, ки. Не, бењтараш, зани шуморо даъват мекунему њамаашро мефањмонем. Баъд худам полисро љеѓ мезанам. Ба саволњои полис љавоб додан осонтар аст аз посух ба саволњои заниман!
Мард. Не, ба ин љентелмен нигаред. Хафа шудааст! Дар зшуѓлаш ба ў халал расондем! Хайр, њозир ислоњ мекунем. шумо барои дуздї омадед? Марњамат. Дуздї кунед! Љунбед. (Ќуттиро мекушояд). Ѓорат кунед. Дар ин љо ќошуќњои тилову нуќрагї. Шарм надоред.
Дузд (халтаашро мекушояд, вале аз фикраш мегардад). Э, не. Ин тавр рўирост дуздї кардан ба ман маъќул не. Рањмат, ягон ваќти дигар. (Мард асабиёна ба кисааш даст бурда туфангчаро гирифтан мехоњад). Ана-ю… Хайр, агар маљбур кунед… (Ќошуќчаеро мегирад). Барои он ки шумо њаловат баред… (Чун ќалам дар кисаи пеши бараш меандозад).
Мард. Ман амр мекунам, ки дуздед, ѓорат кунед. Роњ намедињам ба њама њикоят кунед, ки дар хонаи ман ягон чизи дуздиданї набуд…
Дузд. Ман ягон ваќт ин хел нагуфтаам.
Мард. Вале шумо аз љумлаи он лаќќињоед, ки метавонед гўед. Канї, зуд инашро њам гиред. (Аз ќуттї як даста ќошуќњоро дароз мекунад).
Дузд. Ман намехоњам аз илтифоти шумо, суиистеъъмол кунам, аз некии шумо…
Мард. Шарм надоред. Амал кунед.
Ин дам зани дузд медарояд. Мебинад, ки шў\авњараш зери мили таппонча истодааст, фиѓон кашида, байни онњо медарояд ва шавњарашро оѓўш мекунад.
Зани дузд. Не, не. Аз барои худо, синёр, уро напарронед. Њам чизатонро медињад, фаќат накушед.
Дузд. мария? Чї хел ба ин љо даромадї?
Зани дузд. Дар кушода буд.
Дузд. Мани берўзї ба ошёнаи сеюм баромадам, ки ба ин љо дароям.
Зани дузд. Маро бубахш… ба њамааш ман гунањгор… хеле дер фањмидам., вале њозир бењтараш њамаашро ба синёр баргардон. Дар ин сурат њамагї якчанд моњ њабс мекунанд, боз дар пеш ид, ањволат чандон бад намешавад. Њатто бутерброду мандарин меоранд. Хоњиш мекунам, мон, ки туро њабс кунанд.
Мард. Фаќат зани шумо дар ин чо намерасид. Ба занам чї гўям, ваќте њозир меояду ду зан доштанатро мефахмад?
Зани дузд. Кї ду зан дгштааст?
Дузд (аз дањшат овозаш гирифта). Ман ба ин чї дахл дорам? Ин вай занака зўран ба гардани ман бор кард. Аз он тарсид, ки зани вай мефањмад, ки вай зани ман не, балки зани…
Зани дузд (таппончаи соњиби хонаро зада гирифта, ба Дузд рост мекунад). Ња, ту хиёнаткори палид, нобакор, разил! Мани сода гумон кардам, ки ман яккаву ягонааш. Маълум аешавад, ки боз як зан дорию боз яктааш зани ту набудааст… мекушам туро… (мекўшад кулфаки таппончаро кушояд, наметавонад). Бало занад, ин чї хел мешавад? куљояша зер кардан даркор?
Мард. Њељ чизро зер кардан даркор не. (Таппончаро мегирад). Аз барои худо, шавќун накунед. Агар мор оду зани дигар шунаванд, ман мисли њам њубоб фано мешавам, шўи шумо њам. Гўш кунед, фањмед: ман шарњ намедињам, ки чарою барои чї. Ин ќиссаи дурудароз. Як чиро донед: хоњед, ки шўятонро наљот дињед, хап истеду ором шавед. (Садои шарфаи пойњо). Бало занад, меоянд. Боз чї њила кунем?
Анна (даромада). Зављаи азизи шумо, синёр Торнати, шуморо интизор аст. Ман ба шумо њам пижама овардам. Зеро ки то шавњарам пижама меорад,ки думи шутур ба замин мерасад. (Аз дидани зани дигар њайрон шуда меистад). Ман… мебахшї, азизам, вале ин синёра кї?
Мард (гўё аз осмон афтода бошад). кадом синёра?.
Зани дузд. Ман зани… бо рухсати шумо, Мароия Торнати…
Анна. Боз як занаш?
Мард (саросемавор). Ња, азизам, мехостам ба ту фањмонам, ки ин синёра… вай… чї хел ба ту гўям…
Зани дузд. Чиро мефањмонї? Зани ким-ки гуфтан чї маъно дорад?
Мард. Маънояш њамин зан – зани синёр… (бо адоват ба дузд менигарад). Зани аввали синёр Торнато.
Дузд (ислох мекунад). .. ти
Мард (нобоварона). .. то ти…
Дузд. Ти-ти-ти. Торнати.
Мард. Зани якуми Торнатї, ки никоњ бекор шудааст…
Дузд. То…
Мард. То.
Зани дузд мехоњад суханашро бурад, шавњараш тела медињад.
Анна. Чї шумо хориљї њастед?
Дузд. Чї? Не, мо не
Анна. Пас, чї тавр никоњатонро бекор мекардаанд? Дар Италия, охир, талоќ нест!
Дузд (ба мард ба умеди ёрї). Чї тавр… тавонистем?
Мард (ба Зани дузд). Тавонистед?
Анна. Фањмидам. Љўраи шумо дар кино кор мекунад.
Анна. Режиссёр! Чї хел филмњо тањия мекунад? Мебахшед, ин чї? (Халтаро мекушояд). Ќошуќи нуќрагини ман дар ин љо чї кор мекунад? Шумо дар ин љо чї кор кардед?
Дузд. Дуздї кардем.
Мард. Не, не. Вай сужаи филми нави худро гуфт, ки сањнаи дузди дошт. Ва онро нишон дод…
Анна. Чї хел шавќоваор! Пас, шумо режиссёри касбї?
Дузд. Ња, ин касби авлодї.
Анна. Зављаи шумо њам касбї?
Зани дузд. Ман? Не. Шавњарам зид, њамеша маро дар хона мемонад.
Анна. Вале дар бораи издивољатон гуфтаниям, ки агар људо шуда бошед, чаро то њол зани шумо то њол зани шумост? Зиёда аз он, маълум мешавад, ки њоло ду зан доред?
Мард. Бале, ў аз занаш људо шуд, дубора зан гирифт. Вале баъд давлат ин талоќдињиро мувофиќи ќонун бекор намуд, вале гунањгор дониста, бо вайрон кардани кодекси шањрвандї дар айни замон зани дуюмашро эътироф кард. Ана акнун… ин бечора њам дузана шуд, њам маъшуќадор, њам вайронкунандаи тартиботи љамъиятї, њам гунањгор, њарчанд, католики боэњтимом аст.
Зани дузд. Вале чї хел ин хел? (Ба шавњараш). Ва ту дар ин бора ба ман њељ чиз нагуфтї?
Дузд. Ман худам хељ чизро намедонистам. (Ба соњиби хона). Акнун ман кистам? Дузанаи «боэњтимом»?
Мард дуздро оњиста тела дода, аз назди занњо дуртар мебарад.
Анна. Оњ, синёраи азиз. Дар бораи баъзе чизњо умуман надонї бењтар. Махсусан агар огоњ шавию њељ чизро нафањмї. Бечора… кї медонад, ки оќибаташ чї мешавад? охир метавонанд њабс кунанд. Мисли ягон дузд!
Мард. Бале, мисли дузде, ки ќошуќи нуќраро дуздидааст (маънидор). Фаќат юарои он, ки як зан дорад.
Анна. Чї?
Мард. Аниќаш, ду зан…
Анна. Дарвоќеъ, зани дигаратон чї шуд? Шояд њоло ба вай нагўед, ки ба ин љо зани якуматон омадааст. Баъд чї хел тањаммул мекунед? Агар ба як ќарор њам оед, кат хурд барои якуним љой. Нороњат мешавед…
Мард. Ташвиш нашав, азизамон, ягон роњашро ёфта, њаллу фасл мекунем.
Зани дузд. Бало њаллу валл мекунед. Гумон накунед, ки њамааш осон даст медињаду мисли равѓан мулоим мегузарад.
Дузд (халтаро гирифтан мехоњад, вале занаш ўро љониби дар тела медињад). Бале, бале, њоло ба он љо меравем.
Мард. Рафтем, синёра. Ман шуморо бо зани шавњаратон шинос мекунам. Муњимаш шумо шарм надоред.
Анна (аз паси онњо бо афсўс сар мељунбонад). Зани бечора. (Шишањои рўи мизро дида). Худоё, чї бетартибї. Чї ќадар нўшида бошанд! (Ба худаш рехта менўшад).
Касе аз дар ба дарун нигоњ карда, пастакак љеѓ мезанад.
Антонио. Анна, танњої?
Анна. Оњ, худои ман! Антонио, ту чї кор мекунї? Бирав, худи хозир бирав… шавњарам дар хона.
Антоної. Фањмидан мумкин, ки охир, чї гап шуд? бо телефон њељ чизро фањмонда натавонистї? Ин чї ќисса аст, ки бо зани ман рўй дод?
Анна. Њељ ќисса не. Вай як иштибоњ будасст. Худоё, шукр. Як зан дар телефон тањќир карда, маро бо алоќа бо шавњараш муттањам намуд.
Антонио. Ва ту гумон кардї, ки зани ман ба ту занг зад.
Анна. Ња-да. Охир зани туро намешиносам, овозашро тамоман нашунидаам. Чунон тарсидам… акнун рав зудтар. Рав, пагоњ мебинем.
Антонио. Эњња, рав будааст. Не, љонакам, маро гўлак не. (Байни хона медарояд). Киро фанд мекунї? Занги телефон, иштибоњ, шўяш ногоњ баргаштааст, њол он ки бояд дар хонаи очааш меистод. Аниќ, ин масхарабозї аст. Њамааш ба маќсади он, ки мулоќоти моро дар вилла ќатъ карда, ин љо бо дигараш дилхушї кунї, албатта бо шўякат не.
Анна. Ту девона шудї? Чи сафсатта мебофї?
Антонио. Дурўѓ нагў. Ќадањњо чї мегўянд? Оњњо, дар инљо ба ављи ишќ тайёрї медиданд. Ку вай? Чї ном дорад? Б ењтараш, иќрор шав. (Аз китфаш дошта, силтав медињад). Кї вай?
Ин дам дар таги каш пижама омада, халтаашро мебардорад. Мењмони наву њолатро дида, халта аз д асташ меафтад. Дузд тарафи овоз менигарад.
Дузд. Мебахшед, ки халал расондам. Халтаамро гирифтанї будам.
Антонио. Ана худаш. Боз дар таги кашаш эзори хоб… аз ин бењтар чї мешавад? Куљое нигарї, як љавони бўзбала. (Ба дузд њуљум мекунад).
Дузд. Мебахшеду, пољомаро соњибхона дод. Агар ба шумо даркор бошад, гиред. Наход, ки барои як эзор буѓї кунед.
Антонио. Медонам, ки ў дод, боз кї медод? Ана барои њамин, њардуятон љавоб медињед! (Дарро ќулф карда, кадидро ба љайбаш меандозад).
Анна. Илтимос, Антонио, хатои сахт мекунї. Ин синёр љўраи шавњари ман аст бо ду занаш ба мењмонї омадааст. Мешунавї?
Аз хонаи дигар овози љанљоли ду зан ба гўш мерасад.
Овози якум. Э, азизам, ман ягон ќишлоќї нестам, метавонї њамаи инро наќл накунї, маъшуќаи азизам…
Овози дуюм. Њой, њой, забонатона нигоњ доред? Кї маъшуќаи кї? Моро дар калисо никоњ кардаанд...
Антонио (оромтар шуда). Онњо зани ин? Боз чандта дорад?
Дузд (ишора мекунад, ки анчаякак).
Анна (ба дузд). илтиљо мекунам, синёр Торнати, ба шавњарам ягон чиз нагўед…
Дузд. Не, не. Зунук бастагї. Уштури сафеда дидї? – не.
Антонио. Ташаккур ва бубахшед барои иштибоњ.
Анна. Як иштибоњ кам, якта зиёд. Имшаб шаби иштибоњњо шуд.
Анна. Акнун зуд бирав. Калид куљо шуд?
Антонио. Дар инљо дар кисаам. (Кисаашро мекобад). Љин занад... таги астар рафтааст. Кисаам шикоф… њаминаш намерасид.
Палтояшро мекашад, ки зудтар калидро пайдо кунад. Секаса даст мезананд. Вале калид мелаѓжад.
Анна. Ана,ана. Э, нашуд. Аз дасти ту лаѓжида рафт.
Дузд. Истед. Ана вай… э, боз куљо ѓайб зад?
Антонио. Оњиста! Њама астари палторо кандед. Љин занад, вай дар остин.
Овозњи наздикшудаистода аз хонаи дигар.
Анна. Ана, омаданд. Акнун чї кор мекунем?
Дузд. Гўш кунед, ба ѓилофи ин соат дароед. Ман ќариб ду соат дар ин љо пинњон шудам. (Ѓилофро мекушояд). Ба назар гиред, ки соат зарба мезанад, эњтиёт шавед. Баъд, инљо сигор кашидан мумкин не.
Зани дузд меояд, аз паси ў соњиби хона. Њама асабонї.
Зани дузд. модом, ки ба ман њељ чиз фањмондан намехоњанд, худи њозир ба хона меравем, дар он љо ба ман њаммаша мефањмонї.
Дузд. Чаро дар хона? Ин љо њам наѓз. Соњибхона мењрубон. Бин, њатто ба ман пољома дод. Баъд, хоњем њам рафта наметавонем, чунки калид нест шудааст.
Зани дузд (дарро кашида). Вале ту њама дарњоро мекушої-ку? Охир, ин касбат
Дузд аз кисааш як даста калид бароварда, пеши ќулфро мекушояд.
Анна (ба шавњараш). Ин ќадар калидаш бисёр ба вай чї лозим?
Мард. Гуфтам-ку, вай кинорежиссёр. Камаш панљ-шаш офис дорад, ду-се вилла, як љуфт анбор (шале)… Режиссёрї бад не-а?
Соат занг мезанад. Зарбаи сахт, фиѓон, аз ѓилофак Антониои берўзї мебарояд.
Антонио. Вой! Чї ќадар сахт! Саракам кафид! Вой, њой…
Дузд. Огоњ карда будам, ки сахт мезанад. Аммо дар ин љо њатто оби маъданї-растанї надоранд.
Зан (бо дањшат). Оњ, ин шўи ман-ку! (Худро ба даст гирифта). Ассалом, азизам.
Антонио. Љулия, Ту дар ин љо чї кор мекунї?
Анна. Чї, ту бо зани синёр Торнати шинос њастї?
Антонио. Шўхиро бас кунед. Љулия – зани ман!
Мард (ба зани худ). Не, не, азизам, ин љо як иштибоњ шудааст.
Дузд. Боз якта? Дар як шаб чанд иштибоњ шуданаш мумкин?
Зан. Ку, фањмон, дар ѓилофаки соат чї кор мекардї? (Ба дузд). Ваќте шумо дар он менишастед, ин њам дар он љо буд?
Дузд (каме андешида). Медонед, даруни он љо чунон торик, ки...
Мард. Хайр, њамааш фањмо - ку. Маппа-маълум кор. Њозир иштибоњро мефањмонам. Яъне, масъалан…
Дузд. гуфтеу мондед. Ягон иштибоњ нест. Њозир худам мефањмонам, ки аввал чї шуду баъд чї шуд…
Њама ба дузд њуљум карда, аз тарси фош гаштани асрори ишќашон ўро гап задан намемонанд.
Анна. Албатта, иштибоњ шуд. Мисли рўзи худо равшан аст-ку.
Антонио. Ња, ман зуд фањмидам. Њайронам, ки чаро ин синёр инро намефањмад. Инљо њамааш иштибоњ андар иштибоњ!
Зан. Хамааш маълум, ба кўдак њам фањмо.
Мард. Иштибоњ иштибоњ аст, шарњнопазир аст. набошад вай чї гуна иштибоњ аст. Барои њамин ба шарњу баён эњтиёљ надорад.
Дузд (ба занаш). Меравем, зудтар!
Љониби дар мераванд. Дузд барќро хомўш мекунад.
Анна. Барќро кї хомўш кард?
Зан. Чї гап шуд?
Антонио. Онњоро доред. Чаро ин љуфт меравад?
Зан. Вай љиннї, метавонад рафта, худро ба полис дињад. Зудтар…
Мард. Зудтар онњоро нигоњ доред. Рафтан намонед.
Зан. Онњо ба боѓ даромаданд. Ба он тараф давед!
Мард. Аљоиб… Шумо ду кас ин тараф равед, ту њамроњи ман ба ин тараф.
Њама давида мераванд. Дар тиреза шуоъи фонуси кисагї пайдо шуда, ашёњои даруни хонаро љо-љо равшан мекунад, ба халтаи дузд омада, шуоъ меистад.
Ин лањза соњибони хона медароянд.
Њама. Ана вай!
Мард. Боз аз тиреза даромад. Айёр. Омад, ки нуќраро бардорад.
Анна. Доред ўро!
Мард чароѓро даргирон.
Барќ фурўзон мешавад. дар ињотаи њама дузди дуюм.
Дузди дуюм (норозї). Э, не, љанобон. Гузарондед. Наход ки шумо њам камин гиред: тирезаи кушода, халтаи моли дуздикарда, интизорї дар торикї. Не, ин хелаш намешавад. Рафта ба иттифоќи касаба шикоят мекунаму ба шумо хоби хуш.
Њама. Не-е-е-е!
Мард. Аз барои худо, фањмед, ки як иштибоњ шудааст.
Дузди дуюм. Чї, чи–боњ шудааст?
Хама. Иштибоњ!
Мард. Акнун бо рухсати шумо њамаашро мефањмонем…
Њама. Яъне…
Суханњо омехтаву норавшан шуда ба ѓавѓои тоќатнопазир мубаддал мегардад.
Зан. Ин бегоњ ман њамроњи шавњарам будам, нохост ба ман занг зада гуфтанд, ки зуд ба ин љо оям.
Анна. Ман дар виллаи «Поненте» будам. Телефон занг зад, овози як занро шунидам, ки маро тањќир кардан гирифт.
Мард. Ман бошам, дар хонаи модарам будам… хўроки шом мехўрдем… нохост ба ёдам расид, ки дар хона калиди офисро мондаам.
Антонио. Ман ин бегоњ ба кино рафтам. Медонед, хостам ягон чї дар бораи эњсосот, ишќ тамошо кунам, вале нохост…
Дузди дуюм, ки њама ба ў суханашонро мегўянд, ќафонокї рафта, дар курсї нишаста мемонад, ба диван мешинад ва ду љуфт марду зан бе ист ќиссаи худро ба ў њикоят мекунанд.
Овозњои баландро мусиќии шўхи босуръатисуруди итолиёї иваз мекунад.
Свидетельство о публикации №223032700261