Альдо Николаи Смотровая площадка перевод на таджик
ДИДГОЊ.
БА ЊАР ДАСТЕ НАБОЯД ДОД ДАСТ…
(Смотровая площадка)
Дар як парда
Тарљума ва коркарди Љумъа Ќуддус
--------------------------
Иштироккунандагон.
Зан.
Мард.
Майдони калон. Дар пас панљара. Аз ќафои он чуќурї маълум аст.
Дар байни ду фонус нишастгоњ. Шаб. Касе нест.
Зан меояд. Либоспўшиаш бо завќи баланд, вале андак ѓалатї. Мисол, ранги дастпўшакаш бењад ѓашовар. Ба њар тараф назар мекунад. Гўё бовар њосил кард, ки ягон кас нест. Сипас назди панљара меояд. Ба поён менигарад. Каме андеша мекунад. Сумкаашро мегузораду болои панљара мебарояд.
Мард (аз паси сањна). Истед! Ба њаќќи Худо, истед! Шумо чї кор мекунед?! Як лањза! Истед, охир.
Марди 45-солаи рангпаридаи касалимонанд, дар тан плащи куњна, бо кулоњи обшуста, дар таги каш портели аз хўрдашавї рангаш рафта, чашмони чун дидаи саг мењрубон давида назди зан меояд, ки барои худро ба љарї партофтани ў халал расонад. Бо душворї нафас мекашад. Аз дасти зан мекашад.
Зан. Ба ман нарас!
Мард. Фароед, синйора. Ба шумо чї шуд? Ба саратон чї фикри баде омад?
Зан. Нарас!
Мард. Илтиљо мекунам, синйора… Шайтонро пеш кунед. Агар афтед, њалок мешавед. Баландиаш ќариб 50 метр.
Зан (эътироз мекунад). Корат набошад. Маро ором гузор.
Мард. Не… (Аз миёнаш дошта, поён мекашад). Охир меафтед.
Зан. Маро сар дењ! Дастата гир, њайвон! Ба кї гуфтам!? Нарас!
Мард. Хоњиш мекунам, синйора, ором шавед. Накунед ин кора…
Зан. Э, рав-е…
Дубора мебарояд. Мард кашида поён мефарорад. Зан дасти ўро мегазад.
Мард. Вой, дастам дард кард, охир…
Зан. Чаро ба ман часпидед? Кї ба шумо њуќуќ дод?
Мард. Ман ба ин амали беандешаи шумо роњ дода наметавонам. Ором шавед. Шумо асабонї њастед ва оќибати коратонро фикр намекунед. Шинеду ором шавед.
Зан (тањдидомез). Њамин ки шумо рафтед, боз болои панљара мебарояму худамро ба поён мепартоям. Мебинем, кї зўр мебарояд.
Мард. Дар ин сурат ман аз ин љо намеравам.
Зан. Мебинем, чї ќадар тоќат мекунед.
Мард. Пеш аз рафтанам одамонро љеѓ мезанам… Хоњиш мекунам, ки полисро даъват кунанд…
Зан. Аз ин чї њосил мешавад?
Мард. Полис шуморо њабс мекунад.
Зан. Барои чї? Конститутсия ба њама рухсат додаст, ки бо иродаи худ кор кунанд. Ќонуни манъкунандаи худкушї нест.
Мард. Шуморо ба бемористони рўњи бурда, маљбуран табобат мекунанд.
Зан. Баъди аз он баромадан боз ба ин љо бармегардам, болои панљара мебароям ва ба ин чуќурї мепарам.
Мард. Шумо ин корро намекунед.
Зан. Мекунам!
Мард. Намекунед.
Зан (оташин шуда, пой мекўбад). Мекунам! Мекунам! Мекунам! Мекунам! (Фиѓон кашида, суст шуда, поин мефарояд).
Мард (имкон медињад, ки андак гиря кунад). Ана њамин тавр. Худро ба даст гиред. Дилшикаста нашавед. Дар зиндагї лањзањои мушкил мешаванд. Вале агар ѓам боло гираду ба мусибат расонад, хуб намешавад.
Зан. Ман мурдан мехоњам… Мур-дан…
Мард. Њолати шуморо мефањмам. Гоњо ба назар чунин мерасад, ки тоќатамон то зарраи охирин тамом шудааст… дарду ѓами ташвишњо акли моро бељо мекунанд. Ва ин дард моро ба њадде мерасонад, ки аз љони ширинат безор мешавї… хоњиши суиќасд ба љони худ боло мегирад.
Зан (ба нишони тасдиќ сар мељунбонад). Њм…
Мард. Њаёт сахтињо дорад, синйора. Гоњо санљиши дањшатнок пеш меорад. Вале бояд сабур бошем, аќли солимро фаромўш накунем… (Наздаш менишинад, бо самимият). Хайр, сара боло бардоред… Мебахшед, ки зўриро кор фармудам. Њамин ки шуморо дар сари панљара дидам, хун дар сарам шах шуд. Тарсидам, ки сари ваќт шуморо боздошта наметавонам. Инро ба худам њељ гоњ намебахшидам. Чунки њаёт эњдои басо пурќимат аст ва нашояд онро чунин исроф кунед… Кўшед, ки дар бораи нобарориву лањзањои нохуш фикр накунед. Њамааш гузашт. Њамту не?
Зан…
Мард (њайрон мешавад; аз љайбаш сигор мебарорад). Марњамат…
Зан (дасти ўро дур мекунад). Пфу, ин зањрро чї хел мекашед?
Мард. Пулам ба њамин намудаш мерасад.
Зан (аз сумкачааш сигори гаронбањо мебарорад, бо лабонаш як дона мегирад ва ќуттиашро ба мард дароз мекунад). Гиред.
Мард (як дона сигор гирифта, аз љайбаш оташангез мебарорад; хомўшона сигор мечоканд). Хайр, буњрон гузашт?
Зан. Ба умед нашавед. Агар ин дафъа мушарраф нашудам, аз аввалин имконияти минбаъда истифода мебарам. Ќарорам ќатъї.
Мард. Набошад, аќаллан гўед, ки шуморо чї ба ин тањрик дод?
Зан (гўё ўро нашунид). Ягон љойи дигар меёбам. Камодам ва оромтар бошад… Ман ба ин дунё дигар ягон дилбастагї надорам.
Мард. Охир чї шуморо ба ин њолат расонд? Ѓам? Аз даст додани дўст? Њазли бељои ягон аблањ?
Зан. Зиндагї худаш як њазли хунук аст, муњтарам.
Мард. Пас, гап сари ягон мотам нест? Шумо бе пул мондед? Бе манзил? Ё…
Зан (бо киноя). Наход гумон кунед, ки ин чизњо маънии зиндагии занеро мисли ман ташкил медињад. Аблањї. Гап сари њамаи инњо не. Умуман, гап тамом. Ќарори ман муњокима намешавад. Шумо ба роњи худатон рафтан гиред, ман ба роњи худам.
Мард. Шумо аз ањли оила, одамони бароятон азиз андеша кунед.. Дар бораи масъулият дар назди онњо… Синйора, ё сенйорина… шумо ба фикрам, духтарак…
Зан. Ин дигар ањамият надорад.
Мард. Пас, шумо аз инсоне хафа шудеду, хостед, ки …
Зан. Чаро шумо ќарор деед, ки ман дар назди шумо мунољот мекунам!? Ба як каси тасодуфї. Раведу маро ором гузоред.
Мард (бо ханда). То ки боз сари панљара бароеду ба љони худатон сўиќасд кунед? Не, ман њељ љо намеравам, то шуморо аз фикратон нагардонам.
Зан. Њељ чиз њосил намекунед.
Мард. Мебинем.
Зан. Мебинем. Ман илољи дигар надорам ва дарди бедорхобї мекашам.
Мард. Набошад, шинеду чаќ-чаќ кунед.
Зан. Э, боз ягон фикри аблањона ба саратон наомада бошад?
Мард. Лаббай…
Зан. Бо ман ин њилаатон намегузарад.
Мард. Худоё, чи тавр гумон кардед, ки ман дар чунин лањза…
Зан. Тахайюли мардњо аз њар гуна маврид ављ мегирад.
Мард. Ман аз он хелањо не.
Зан. Набошад, наѓз. (Оромтар гашта, менишинад). Агар шайтон шуморо ба ин љо намеоварду шумо ба таќдирам дахолат намекардеду ба њолам мегузоштеду, ман кайњо ин ѓамкадаро видоъ мекардам. Ба ин олам дигар ягон пешнињод надорам.
Мард. Шумо инро аз куљо медонед? Албатта, бори зиндагї вазнин аст…
Зан. Берањм, сангдил!
Мард. Берањмї њам дорад. На њар кас онро бардошта метавонад. Махсусан, ба тоифаи нозукдили бе њимояти занњо… махсусан агар такягоњи дўст. Ё дўстдоштааш набошад… шумо ба фикрам, танњоед-а?
Зан. Кори шумо чї? Ман ќарор додам ки бимирам. Тамом вассалом.
Мард. Ман њам сахтињо дидаам. Дард насиби ман њам шудааст. Хобу хўрокро фаромўш кардам. Зеро ки хеле эњсосї њастам. Ба фикрам, мисли шумо. Мо мехоњем, муњитамон нарму роњат бошад, нури дили худро ба њама бахшидан мехоњем, вале агар худро танњо эњсос кунем, азоби равонї мекашем. Барои њамин, оянда…
Зан. Аз оянда нафратам меояд.
Мард. Вале инсон, синйора, бояд…
Зан. Ба инсон нафрат дорам.
Мард. Албатта, на њар инсон шафоате дорад. Аз њамнишини бад алњазар. Вай метавонад дили шуморо шиканад. Аттор ном шоири сўфї мегўяд:
Эй, басе иблиси одамрўй њаст,
Пас ба њар дасте набояд дод даст.
Зан. Ња, шумо мистик њастед?
Мард. Не, аммо баъзе фикри сўфињо ба ман мувофиќ. Вале донед, ки инсонњои хуб њам зиёданд. Дигар ин, ки шумо бо худкушї чї бурд мекунед? Њељ чиз. Њол он, ки зиндагї метавонанд бисёр рўзњои хуб эњдо кунад…
Зан. Ваќтатонро бењуда сарф накунед. Ман аз он љунунзадањое нестам, ки як мекалаванду баъд бо гапи њар роњгузар аз фикрашон мегарданд. Маќсад гузоштам, ки худама кушам – мекушам. Бовар кунед, ки ба ин асоси љиддї дорам. Зиндагї ба шумо маъќул аст? Марњамат, зистан гиред. Вале ман дар ин љањоне, ки ба вай нафрат дорам, зистан намехоњам. Ба ман њатто аз ин њаво нафас кашидан ѓашовар аст!
Мард. Ба њар њол ин љањон хубињои зиёд дорад.
Зан. Хандаовар.
Мард. Љиддї мегўям. Ба осмон нигаред. Магар ин ситорањо муъљиза нестанд? Њилоли моњ… зебо нест?
Зан. Бало аст осмони шумо. Њељ зебої надорад.
Мард. Бањр њам ба шумо писанд нест?
Зан. Аз дидани бањр шикамдард мешавам.
Мард. Фаќт нагўед, ки табиати атрофи шањр дар бањор маъќул нест. Гулњо…
Зан. Ман аз гулу гиёњ аллергия дорам.
Мард. Кўњњо чї?
Зан. Љару партгоњаш маъќул. Дар он худро партофтан мумкин.
Мард. Офаридгор дар дили шумо хомўш. Вале дигар махлуќњои Худо њаст...
Зан. Ман њамаро бад мебинам: кўдакњо, калонњо, пиронро. Мо бояд бе зурриёт таваллуд мешудем.
Мард (навмед). Наход ягон чиз дилатонро гарм накунад. Ишќ доштед?
Зан. Чизе буд, гузашт. Ягон паяш намонд.
Мард. Аќаллан ягон рўз хушбахт будагистед?
Зан. Вий… (Механдад).
Мард. Чаро механдед?
Зан (бо тамасхур). Њамин шумо дар бораи бахт ба ман њарф мезанед?
Мард. Ња… Ба ман чї шудааст?
Зан. Шумо њатто тасаввур карда наметавонед, ки бахт чист? Њоло гуфтед, ки азоби бисёр кашидаед. Ба шумо хиёнат карданд! (Таваќќуф). Мехоњед пешгўї кунам, ки ба шумо кї хиёнат кард? – зављаатон. (Мард хомўш). Албатта, занатон. Шумо ба марди маъшуќадор монанд нестед. Вай бо дўсти шумо ишќ варзид. Њамин тавр?
Мард. Шумо дањшатнок. Гап сари дўсти љониам меравад, ки, …
Зан. Вале баъд дўсти љонї хиёнат кард? Вай ба дили занатон даромада…
Мард. Чаро туњмат мекунед?
Зан. Шумо чизеро пинњон мекунед.
Мард. Не, не.
Зан. Гўед, дўстатон чї кор кард?
Мард. Дўстам… Павлои мењрубон… дар хонаи ман мурд.
Зан. Ња-а-а… Ўро - Павлои мењрубонатонро куштед?
Мард. Не! Вай сактаи ќалб шуд.
Зан. Њм… Занатон дар куљо буд?
Мард. Дар хона. Боз дар куљо мешуд?
Зан. Шумо куљо будед?
Мард. Дар… корхона…
Зан. Ана, дидед? Аљиб-ку… Занатон дар куљо буд?
Мард. Дар хона буд…
Зан. Ана, халос… Шумо омадеду онњоро њамроњ дида, аз рашк зада куштед?
Мард. Уф… ваќте омадам, Пабло аллакай аз сактаи ќалб тамом шуда буд. Ман фаќат духтурро љеѓ задам.
Зан. Хапи ману хапи шумо. Рашк кардед?
Мард. Барои чї, охир, рашк кунам?
Зан. Охир шумо набудед, вай Паблои албастї бо занатон танњо…
Мард. Ин фикр њељ ваќт ба сарам наомадааст.
Зан. Набошад, чаро вай инфаркт шуд?
Мард. Чї донам? Ваќташ буд шудааст…
Зан. Не. Шуморо барра кардаанд. Шумо њатто аз фикр кардан метарсед. Ња?
Мард. Аз кадом фикр бояд тарсам?
Зан. Чаро вай аз омадани шумо дилкаф шуд?
Мард. Чї донам? Не, вай њамту… нохост…
Зан. Метарсед, бечора. Ман ба шумо мефањмонам. Пештар њам дар набудани шумо дўстатон, номаш чї буд? - Пабло ба хона меомад?
Мард. Шояд…
Зан. Аниќтар, ња ё не?
Мард. Охир… вай дўсти хонадони мо…
Зан. Шумо ягон бори дигар онњоро дар хона танњо ёфта будед? ња ё не?
Мард. Ммм…
Зан. Ња, ё не?
Мард. Хайр, ду-се бор.
Зан. Њар дафъа ранги рўяшон меканд?
Мард. Ањамият надодам. Вай доим фишор дошт…
Зан. Албатта, аз дидани шумо фишораш мехест.
Мард. Уф… Шумо њаќ надоред, ки…
Зан (бо киноя). Натарсед. Гузаштањо гузаштанд. Ман баъди ин лањзае њамаи шуморо тарк мекунам. Дигар ин, ки њамааш кирои гап нест. Худатон ба ман насињат карда гуфтед-ку? - Зиндагї бисёр хушињо дорад. Хайр, чї, ки як дўсти каллавараматон бо зани аблањатон гоњ-гоњ рустї аз шумо…
Мард. Бас! Духтур гуфт, ки Пабло њафт сол боз дарди дил доштааст.
Зан. Тавба. Шумо дар њаќиќат мистик – сўфї. Њатто аз омадани шумо тарсида инфаркт шудани дўсти раќибатон чашми шуморо накушодааст. Ва шумо, албатта занатонро бахшидед. Ба хотири фарзандон.
Мард. Ман ба занам бовар дорам…
Зан. Њай-њай-њай… Инро ба ман – ба зани доно мегўед? «Дарахти макри зан сад њила дорад; Малак аз дасти зан андеша дорад». Хайр, аз ин ѓам, гапу гапчањо, пурсукови пулис, худро чї хел рањо шудед? Шабу рўз худро бо кор банд кардед?
Мард. Корам якмаром. Њисобчии шуъбаи маргњои сохта њастам, маошам зиёд не, ягон њисси хушї намеорад. (Бо хандаи ашколуд). Анна, имрўз сардори шўъба нав шуд. Ягона фазилаташ њамин, ки ошнои раиси мо будааст. Њол он, ки ман бисту се сол боз бе нуќсон кор мекунам ва сазовори вазифачаи болотар будам.
Зан (сард ба ў нигариста). Чанд фарзанд доред?
Мард. Дута.
Зан. Албатта, ба љон дўст медоред.
Мард. Ман падари бад нестам, дўстдор, мењрубон…
Зан. Онњо аќаллан њаминро мефањманд?
Мард. Новобаста ба фањмидан ё нафањмиданашон волидон мењри худро бебаркаш ба сари фарзандон мерезанд.
Зан. Яъне падар барои онњо ризќрасон, тамом вассалом. Дигар барои онњо ќарзи фарзандї, мављуд будан ё набудани падар, дилхуш, ё зиќ будан, солим ё бемор будани шумо ягон зарра ањамият надорад. Њамин тавр?
Мард. Онњо њоло ёш…
Зан. Онњо чандсолаанд?
Мард. Писарам шонздањ, духтарам чордањсола.
Зан. Эњња…
Мард. Нафањмидам.
Зан. Њамту «эњња» гуфтам. (Бо киноя). Њоло хурд будаанд. Ваќти айшу нўш. Корашон, аз шумо пинњонї, албатта, бо дўстон майишат кардан.
Мард. Онњо ин хел нестанд.
Зан. Шумо аз куљо медонед? Аз кор ними шаб бармегардед. Фаќат ба ёд оред: дар чашмонашон хастагї, осори бедорхобї, сурхию сафедиро мебинед?
Мард. Њой… сенйорина…
Зан. Ња, ё не?
Мард. Намедонам чї гўям…
Зан. Мебинед, вале ќоим шудан намехоњед. Худро бо он тасалло медињед, ки шаби дароз дарс тайёр мекунанд, дар махфили мактабї овораанд. Хайр, њељ гап не. Ба зиндагї аз шумо бењтар омода мешаванд.
Мард. Чї хел?
Зан. Анна, шумо бо ягон хонум пинњонї ваќтхушї мекунеду…
Мард. Не… Маошам хеле кам. Баъд солам рафт…
Зан. Чандсолаед?
Мард. Чилу чор.
Зан. Буду шуд њамин ќадар? Хеле калон менамоед. Баъд безеб њасттед.
Мард. Њм…
Зан. Инро ба шумо ягон кас нагуфта буд?
Мард. Њмм… (бо ишораи инкор сар мељунбонад).
Зан. Дилкаш нестед. Аз диданатон дили кас тира мешавад.
Мард. Њм…
Зан. Ягон ошно доред?
Мард. Њмм… (бо ишораи инкор сар мељунбонад).
Зан. Чї лозим, ваќте ошно ба занатон дил мебандад.
Мард. Уњм, лозим не…
Зан. Худам, ки медонам, хапам.
Мард. Аз серкорї барои ба худам ањамият додан ваќт намемонад.
Зан (ба рўяш синчакорона менигарад). Худоё, ранги рўятон паридагї. Шумо сахт беморед. Нафаскашиатон вазнин. Шикамдард нестед? Ман аз тиб бохабарам. Захми меъда оњиста-оњиста ба саратон мерасонад. Чанд сол боз шумо касал…
Мард. Ман захми меъда нестам.
Зан. Шарт мекунем? Њатман аз санљиш гузаред. Варами таги чашмон чї? Нишонаи дарди дил…
Мард. Аз камхобї…
Зан. Модом ки то охир зистан мехоњед, ба њуљуми њама дардњо омода бошед. Чї хел ба њамаи ин тоќат мекунед? Чаро зиндагї мекунед? Барои дард кашидан?
Мард. Бо вуљуди ин, зиндагї ба ман чизе медињад. Ба ман чизи бисёр даркор не. Хурсанд мешавам аз дамидани субњ, бўйи ќањва, сайри атрофи шањр, ба дарахтон нигаристан, шунидани садои љунбиши баргњо, хониши паррандањо…
Зан. … ва ѓел задан дар рўи алафњо…
Мард. Албатта. Њар рўзи бозор ба љангал рафта рўи алаф дароз мекашаму аз тамошои табиат лаззат мебарам.
Зан. Танњо аз тасаввур кардани чунин рўзгор сад маротиба дар сари ман фикри худкушї пайдо мешавад.
Мард. Шумо дар бораи ягон чизи дигар фикр карда наметавонед?
Зан. Натарсед. Охир мо њама мањкумшудагонем. Ин парвозњо ба коинот… радифњои маснўи замин… нурњое, ки ба сайёрањои дигар фиристода мешаванд… ваќте ки замин метаркад, кам андар кам одамон наљот меёбанд…
Мард. Замин метаркад?
Зан. Мисли себ дар микроволновка. Њамаамон муш барин нобуд мешавем. Шумо дар ин бора фикре намекунед. Рўи алаф ѓелидан гиред…
Мард. Пас, шумо аз њамин тарсидед?
Зан. Синйори муњтарам! Дар муќоиса бо шумо, барои ман танњо ќањваи субњона кам аст, ки бо зиндагї созиш кунам. Шумо дар њаќиќат, намедонед, ки ба инсоният чї шудааст? Намедонед, ки адолат намодааст, шафќат намондааст? Шараф намондааст? Имрўз бадтар аз дирўз асту пагоњ бадтар аз имрўз мешавад. Давом ёфтани чунин њол аз рўи адолат аст? Одилона аст, ки марде чун шумо ба ин ќадар зарбањои сарнавишт дучор шаведу, њатто худро њимоя карда натавонед?
Мард. Ман кайњо ба таќдирам тан додам.
Зан. Магар аз рўи адолат аст, ки бисту се сол боз бо кори дилнохоњ машѓул њастеду дар офис шуморо ба арзи латтаи полшўяк ќадр намекунанд? Одилона аст, ки занатон ба шумо хиёнат мекунаду шумо њатто инро фањмидан намехоњед? Одилона аст, ки фарзандони љигарбандатон шуморо ба як пули пуччак намегиранду ягон зарра мењру шафќат надоранд? Ин чї зиндагї будаааст? Сафар намекунед, барои худ ягон харид намекунед, дилхушї надоред. Аз рўи меъёр маљбурї даводавї мекунед. Аз бепулї ба занњои дигар назар карда наметавонед, таъоми длхоњ хўрда наметавонед, сигорњои арзони пастсифат мекашед. Ошно надоред, сарват надоред. Боз захми меъда, саратон. Њар каси дигар ба чунин зиндагї туф карда, аз он мерафт.
Мард. Шумо воњима мекунед. Зиндагиам чандон хуш нест, вале аслан…
Зан. Њаётдўстї њам андоза дорад. Ќоим шавед, ки шумо бадбахт, нобароред.
Мард. Зиндагї ба ман чандон саховат нкардааст. Вале фарзандони хуб дорам ва дар назди онњо, ки ба дунё овардам, уњдадорам…
Зан. Шумо ба дунё овардед?
Мард. Хайр, занам таваллуд кардааст, вале ман падарашон…
Зан. Шумо бовар доред, ки бачањо аз шумоянд?
Мард. Онњо ба ман сахт монанд…
Зан. Агар хоњед, дар њама монандї пайдо мекунед. Мо њама фарзандони Бобои Одаму Момоњаввоем. Агар дурусттар нигарем, ман њам ба шумо монандї дорам. Њарчанд бори аввал њамдигарро мебинем. Росташа гўед, ба фарзандон чї умумият доред? Њељ чиз. Онњо њатто бўи хуни шуморо эњсос намекунанд. Барои њамин ба шумо тамоман бепарвоянд.
Мард. Ман занамро наѓз медонам. Бисту се сол боз…
Зан. Бисту се сол? Аљоиб, чаро вай ба зудї таваллуд накард? Айби шумо аст, ки занатон баъди 7 сол њомила шуд. Вай маљбур шуд, ки паноњї ягон касро ёбад. Ва шумо њаќ надоред, ки ўро таъна занед. Охир, шумо рўзи дароз дар коргоњ мегардед, ними шаб меоед. Бо занатон дар бораи чї гап мезанед? – дар бораи мурдањои сохта, чашму рўи майитњо? Љойи тааљљуб нест, ки занатон ана худаш њаёти худро андак хуш мекард. Ва шумо дар коѓазњои худ ѓарќ шуда, инро њатто пай намебурдед…
Мард. Истед, охир. Зани ман…
Зан. … Ваќте аз кор бармегаштед, занатонро эњсосманд медидед? дар танаш куртаи нав, гул ба сар, дар сари дил њалќаи алмосдор медмдед, ки пештар набуд? Ва ба саволи шумо мегуфт, ки бо пули сарфа кардааш харидаст.
Мард. Дар њаќиќат, рост, охир…
Зан. Хап. Ман зан њастам, наѓз медонам. Шумо инро њам пай намебурдед? - хомўш мондани гўшаки телефон, ваќте ки шумо мебардоштед? Ба мењмонї омадани ба ном «холабачаи» занатонро, ки пеш њатто номашро нашунида будед? Ва он холабачањои нав зуд-зуд занатонро ба мењмонї даъват мекарданд? Шумо кунда њастед. Њаётдўст, вале бењис. Ба шумо рањмам меояд. Ња-ња, зеро ки ин њоли баду бемории шумо фаќат њисси шафќатро бедор мекунад.
Мард. Вале ман созам. Аз чї мегўед, ки бемор њастам?
Зан. Аз њама бадтар њамин, ки на зану на фарзандон аз бемории шумо дар ташвиш нестанд. Њолатон хароб. Худатон њис намекунед, ки аз сактаи доимии дилу асабонияти зиёд вуљудатон ларзон аст, ба душворї нафас мекашед, ранги рўятон мурда барин. Як ба оина нигаред…
Аз сумкачааш оина мебарорад.
Ў менигарад, вале дастонаш сахт меларзанду оинаро меафтонад.
Мард. Узр…
Зан. Ана, дидед? Ана натиљаи 7 соли хушбахтї. Аз ин бад чї мешавад? Барои ањли оила шумо њељ њастед: аспи лаљомбаста, хари корї, шутури боркаш. Бечорае, ки барои таъмини ањли оила љон мекоњонад, араќи љабин мерезад, ба њама буду набуди зиндагї тоќат мекунад, ба азият, бетафовутї, бегонагї, хиёнат… Ягон нигоњи мењромез нест, муњаббат нест, шафќат нест, фаќат зарбаи шаллоќ њаст… Ќурбоние, ки барояш танњо алафи сари роњ шодї меорад ва намефањмад, ки вай муфлис, бењунар, боќимондаи замони ќадим. Ягона бузургии шумо њамин, ки одами хуб њастед. То дараљае хуб њастед, ки барои наљоти як зани ношиносе чун ман талош кардед. Ва ин зани сарватманду хушрў њам ба ќадри худќурбонии шумо намерасад. Вай, мераваду боз шумо як худакатон, мисли саги сўзанхўрда бо мушкилоту дардњои худ танњо мемонед.
Мард (китфњояш меларзанд). Уњум…
Зан. Ба шумо чї шуд? Шумо гиря мекунед?
Мард. Ман инро њис намекардам. Пеш ягон бор фикр накарда будам.
Зан. Дар бораи чї?
Мард. Аз он, ки зиндагиам бе сафо, худам ночиз, тани танњо…
Зан. Ба шумо ќоилам. Ман ба љои шумо мебудам, чанд бор ќасди худкушї мекардам. Вале шумо љуръат надоред.
Мард. Љуръат? барои чї?
Зан (ба панљара ишора карда). Мисол, барои аз инљо худро партофтан.
Мард. Не, синйора. Њозир љуръат дорам. Ваќте шумо њаќиќатро нишон додед, ман дидам, ки чї зиндагии њаќирона дорам. Пас, чаро ман бояд дар ин дунё истам?
Зан. Барои созиш кардани шумо як ќањва кофист. Сабоњ онро занатон меорад.
Мард (бо ишораи инкор сар мељунбонад). …
Зан. Ё дидани ситорањои осмон кофист, ки аз зиндагиатон розї шавед.
Мард. Не… Ман хато кардам, зиндагиро дар пардаи хаёл зебо медидам. Ягон чизи хубро надидам. Ман њётдўст не, як аблањ будам. Шумо чашми маро кушодед.
Зан. Ман чї гуфтам? Њељ чиз. Њамту, гоњо як суњбати самимї моро ба фањмидани худамон мусоидат мекунад. Ман, мисли шумо њаётдўст нестам. Эњсосї њам не. Ана барои њамин, дар айни љавонї маргро авлотар мењисобам, то пирии пур аз зањмату фанду фиреб расидан намехоњам.
Мард. Шумо њаќ. Њаќ.
Сумкаро як тараф монда, ба панљара мечаспад.
Зан. Не, не. Шумо чї кор мекунед? Аввал наѓзакак андеша кардан лозим…
Мард. Ман фикр кардам. Маънии зистанро намебинам. Ба ман чї даркор?
Зан. Чї донам? Ман шуморо… зиндагии шуморо хеле кам медонам.
Мард. Фаќат як чиз маро бозмедорад: фикри зану бачањо… Ваќте мурдам…
Зан. …Онњо нафаќа мегиранд. (Таваќќуф). Алафи тар чї? Дар бораи алафи бањор фикр накардед?
Мард. Бало ба паси алаф. Шумо њам бароед, синйора. Њамроњ мепарем.
Зан. Чаро њамроњ?
Мард. Охир, шумо мехостед худро кушед.
Зан. Ња, лекин њамроњи шумо не-да. Ин фикри зебо не. Ман зан, шумо одами оиладор, љасади моро њамроњ дида, мардум чї фикр мекунанд?
Мард. Ин ќасоси зўр мешавад аз њамаи онњое, ки ба мо бадї кардаанд.
Зан. Дуруст-у… Њисоби ман дар зиндагї дигар. Барои њамин хуб мешуд, ки…
Мард. Росташа гўед, шумо њамроњи ман мурдан намехоњед? (Бо пушаймонї). Барои он ки ман пиру безебу муфлисам?
Зан. Шумо бартарињои дигар доред. Шумо одами хеле хуб хастед. (Сумкаву дастпўшакашро рўи харак монда мехезад).
Мард. Шумо розї њастед? Дар хаќиќат, розї шудед, ки њамроњ бимирем?
Зан (бо ваљоњати бузургворона ба панљара мебарояд). …
Мард. Ташаккур. Шумо маро мефањмед. Дар зиндагї умре танњо будам. Њоло, аќаллан дар чанголи аљал танњо нестам. Шумо њам… Аз дасти њамдигар мегирем…
Зан (сард). Барои чї?
Мард (гаранг шуда). Набошад, чї хел мекунем?
Зан. Хеле оддї. То се њисоб мекунему мепарем.
Мард. Њамроњ?
Зан. Њамроњ.
Мард. Ман њисоб кунам?
Зан. Худро зањмат надињед. Ин шарафро ба ман гузоред.
Мард (бо њаяљон дастони ўро мебўсад). Ташаккур… барои њамааш рањмат…
Зан. Намеарзад. Шумо тайёред?
Мард (ќотеъона). Ња…
Зан. Набошад, њисоб мекунам. Як… ду… СЕ!!!
Мард худро поён мепартояд. Зан бо нигоњаш гусел мекунад, овози ба замин бархўрдани љасади мардро шунида, оњи сабук мекашад.
Зан. Хайрият. Њамон тавре шуд, ки ба наќша гирифта будам.
Аз панљара парида мефарояд. Дар дафтарчааш ќайд мекунад.
Ана њамин тавр, ќасос гирифтам.
Сумка ва кулоњи мардро аз болои панљара мепартояд.
Дўстат Павло амаки ман буд. Ба ман фарќе надорад, ки бо туву занат амакам чї муносибат дошт. Муњимаш, мурдаи вай аз хонаи ту баромад. Беадолатист, ки вай мурдааст, зану фарзандонаш дар мотаманд, вале ту бо ањли оилаат зиндаву хушдил њастї…
Каме дуртар меравад, шушњояшро аз њаво пур карда, фиѓон мезанад.
Ёрї дињед! Ёрї дињед! Як мардак худкушї кард! Як девона худаша аз болои панљара ба чуќурї партофт! Вай талаб кард, ки ман њам хамроњаш худро партоям! Ёрї дињед! Ёрї дињед…
Овоз: Эй, басе иблиси одамрўй њаст,
Пас ба њар дасте набояд дод даст.
Зан то пўшида шудани парда дод задан мегирад.
Свидетельство о публикации №223032700262