Чингиз Айтматов Плаха инсценировка и перевод Дж. К
АРАСОТ
(ПЛАХА)
День страшного суда
фољиа - огоњї аз робитаи гарони инсон бо табиат
Чун теѓ ба даст орї, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадї нест фаромушт…
Рўдакї
Инсценировка ва тарљумаи Љумъа Ќуддус –
академики санъати театрии Љумњурии Ќирѓизистон
Чингиз Айтматов – духовный наставник современников, указывает на трагические противоречия, проблемы экологии и нравственности. Волчица Акбары живущая в Моюнкумской саванне. совершает грех, и нарушается некий природный баланс. За этим в саванну вторгается человек, совершается кровавое действо уничтожения сайгаков, где погибают и детёныши Акбары.
Три раза волки уходили в глухие места, пытались обзавестись потомством по законам бытия, и три раза человек лишал их детенышей. Любовь Акбары к волчатам не животный бессознательный инстинкт, а свойственная всем живущим на земле, осознанная материнская забота. Хочет сохранить свое потомство, и когда Базарбай похищает из логова волчат, она ожесточается и начинает карать невиновного Бостона, семья которого имела несчастье принять в своем доме Базарбая, проезжавшего с волчатами мимо их жилища. Следы и привели волчицу к Бостонову становищу.
Самое страшное ожидало Бостона впереди. Увидев, что волчица, похитившая его любимого сына, убегает, Бостон убивает одним выстрелом Акбару и малыша, который был его продолжением и смыслом жизни. Погибает и Базарбай, столкнувший друг с другом две силы – человека и природу. Совершив три убийства, подавленный, внутренне опустошенный, в глубине души спокойный тем, что уничтоженное им зло больше не сможет вредить живущим, Бостон сам ведет себя на “плаху”.
Иштироккунандагон:
Акбара.
Тошчайнар.
Бостон.
Бозорбой.
Гулумкан.
Марат.
Кўдак Кенљабек.
Дар сањнањои умумї чўпонњо, гургњо, гавазн, њайвоноти дигар.
Вижагињои сањнасозї:
Гург ќолаби калларо партофта одам мешавад, мењрубонї, зорї, зўрї мекунад, гург аввал вангас мезанад, пас сухан мекунад ва уллос мекашад
Одам гоњо ба гург мубаддал мешавад: аввал сухан мекунад, сипас чун гург вангос мезанад, аз љумла Бозорбой, Бостон, Гулумкан…
Намоиши 1.
Акбараву Тошчайнар њамроњи гургбачањо шодона зиндагї мекунанд.
Садоњои трактор, мошинњо, сипас тирпарронї.
Акбара (нула мекашад). Аааоооуууу! Она-Бўрї, наљот дењ!
Тошчайнар. Бояд равем. Инсон - њокими замин аст.
Акбара. Ин кўњу биёбон манзили мо!
Тошчайнар. Инсон манзили моро гирифт. Ба дашти Миёнќум меравем.
Акбара. Бо инсон набард мекунем!
Тошчайнар. Инсон зўр аст! Соњиби аќл аст. Илољ надорем.
Акбара. Алвидоъ, зодгоњи зебои ман.
Садоњои трактору мошинњо ва тирпарронї аз ду љониб меояд.
Гургњо рањгум мезананд, гоњ ба чап метозанд, гоњ ба рост, гоњ пеш мераванду гоњ аќиб. Гургбачањо аз тир нобуд мешаванд.
Моњтоб, дар мањтоб акси Она-Бўрї.
Акбара. Ааооууу! Она-Бўрї, чаро чунин сарнавишти шум додї?
Мераванд.
Бостон ва Бозорбой аз нуќтаи гургї ба сар кулоњи гургї мепўшанд.
Бостон. Мо бояд биёбони Миёнќумро азхуд кунем! Гўсфандон зиёд мешавад! Аз муњтољї мебароем!
Бозорбой. Ман муњтољи чизе нестам. Пули ту њам бисёр!
Бостон. Фарзандони мо маълумоти хуб мегиранд, дар пойтахт мехонанд
Бозорбой. На! Мехоњї номдор шавї, орден гирї! Пули бисёр гирї!
Бостон. Ин гуноњ нест!
Бозорбой. Дар пеши беваи Эрназар Гулумкан – обрў гирї!
Бостон. Гулумкан зављаи ман, модари писари ман!
Бозорбой. Ња! Љонкании ту барои ана њамон бева!
Бостон. Кифоя. Номи зани мана ба шикаст нагир.
Бозорбой. Худат рафтан гир! Ба ман њамин чарогоњ кифоя!
Бостон. Ман барои ту чарогоњи нав мековам! Сад бор рамаро ба замини камалаф ронда, гулу гиёњро бо решааш мехўронед! Баъд чї хел рама зиёд шавад?
Бозорбой. Ња, чї хел Бостон ќањрамон шавад? Зани нав гирад?
Бостон. Эњ, ба ту гап задан бефоида.
Бозорбой. Ба ман корат набошад. Ба ту даркор – худатрафтан гир!
Бостон. Њама биёбон бояд азхуд шавад. Дастгоњи барќ меорем, хона месозем.
Бозорбой. Афсона. (Хат мекашад). Ин тараф њиссаи ман. Нагузар.
Бостон. Љуку љондор њоли њамаро хароб мекунанд!
Бозорбой. Љуку љондор ба ман кор мегиранд, на ба ту. Бирав!
Бостон. Э, бало ба пасат. (Меравад).
Бозорбой. Рав бо беваи Эрназар майишат бикун. (Паст). Кош Гулумкан зани ман мешуд. Бахт надорам! (Шишаи шаробро кушода менўшад. Нула мекашад). Уууу! Насиби мани берўзї – Ќоќ Турсуни бадафти пир! Офат! Ба кўкнорзори ёбої меравам. Бояд аз Бостон кам набошам! Аз гарди гули кўкнор Гулумхони љавон мехарам!
Меравад.
Бостон ва Гулумкан. Дар дасти Бостон тифли навзод.
Бостон. Гиряи тифли навзод - ханда аст, нидои бахт, оѓози њаёти нав аст! Номаша Кенљабек мемонем – Беки хурдї. Гулумкан, хушбахттарин марди олам кардї! Ташаккур ба ту… (Мебўсад).
Биёбони Миёнќум. Акбара ва Тошчайнар бо гургњои ин биёбон бо ѓурриш набард мекунанд. Акбара бо мадади Тошчайнар ѓолиб меояд.
Акбара (нула мекашад). Ман пирўз шудам!
Тошчайнар. Вале гургњои ин дара зиёданд. Фаќат як роњи осоиш њаст. Ба калони гала таъзим мебояд ва…
Акбара. Ман маликаи гургњои кабудам, каниз шуда наметавонам!
Тошчайнар. Ин ѓуломї нест! Њамзистї – ќонуни баќост. Ту аз њама кавитарї. Мо ба онњо шикори љонварони калонро ёд медињем. Ва мо дўст мешавем. Дур нест рўзе, ки сар-модари гала шавї.
Акбара. Ин ѓуломист.
Тошчайнар. Ин ќонуни баќост.
Акбара. Намехоњам! Ман дур аз гала зиндагї мекунам.
Тошчайнар. Ман њамеша бо туям.
Акбара. Сарњади моро муайян бикун.
Тошчайнар. Хуб. (Ба замин об мепошад).
Маљбур, вале бо виќор тарафи чап меравад.
Саванна – дашти алафзори барфпўш. Садоњои гуногуни табиат – паррандаву дарранда, чарандаву хазанда. Аз паси сањна овози шитобон гуфтаи гургњо.
Тошчайнар. Лозим не,
Акбара. Тоќатам тоќ шуд!
Тошчайнар. Ин зидди ќонуни табиат!
Акбара. Бачањоям ѓизо мехоњанд!
Тошчайнар. Охир ин њам модар аст!
Акбара (љаста харгўшро дошта, медарронад). Ана, ба даст афтод!
Тошчайнар. Эњ…
Акбара. Воњ, дар шикамаш харгўшчањо. Се хушрўяк…
Тошчайнар. Њисси модариат боло гирифт.
Акбара. Бозї мекунем (Рост мемонад, вале харгўшчањо меафтанд).
Тошчайнар. Кўшиши бењуда. Бигузор Она-Бўрї омурзиш кунад.
Акбара. Ман барои бачањоям ѓизо љустам…
Тошчайнар. Вале модарро куштї. Ќонуни баќоро шикастї.
Акбара. Боз ќонун? Гуруснагии бачањои ман аз кадом ќонун аст?
Тошчайнар. Љонварон ризќи мо, дар тобистон мо онњоро ба њолашон мегузорем, ки насл монанд. Зимистон онњо ѓизои мо мешаванд. Табиат ба њама ѓамхорї мекунад – ба мо юрмону калламушро додааст, барои харгўшу оњу алафу сабзаро. Танњо одам зањмат кашида, чорво мепарвараду замин кишт мекунад. Мо одатан љонварони бемори аз гала мондаро мехўрем. Аммо ту модарро куштї, харгўшчањоро дар батни модар куштї. Оќибаташ хуб не.
Акбара. Воњима накун. Ман њам модар мешавам
Тошчайнар. Табиат вайронкунии ќонуни баќоро намебахшад.
Нохост садои баланди чархбол ва овози одамон. Соя ва шамоли чархбол. Тирпарронї. Садоњои канда шудани тарма.
Акбара. Оооњ, Она - Бўрї, чї шуд?
Тошчайнар. Гуфтам- ку ќањри табиатро овардї. Ќиёмат мешавад.
Акбара. Галаи сайгакњо рамида ба ин тараф меоянд.
Тошчайнар. Фирор мекунем! Набошад зери пойи гала мемонем!
Акбара. Куљо фирор кунем?
Тошчайнар. Муњимаш, дар як љой наист! - Гала пахш мекунад.
Торикиву нур. Садои пойи галаи гавазнњо. Гургњо низ метозанд.
Акбара. Ин чї балост, ки таъќибшуда њам метозад, таъќибгар њам.
Тошчайнар. Балои азим – инсон: соњиби дашт, вале ѓуломи њавас.
Акбара. Одам чї мехоњад?
Тошчайнар. Аз мастї гўшти сайд мехоњад, оњувонро мекушад.
Бостон ва Бозорбой меоянд.
Бостон. Барои чї тамоми љонваронро ќир мекунед?
Бозорбой. Барои пур кардани наќшаи гўштсупорї!
Бостон. Ин мумкин не.
Бозорбой. Корат набошад! Чї, фаќат ту мукофот гирї? Фаќат ту орден гирї? Фаќат ту зани љавон гирї? Ман њам наќшаро пур мекунам. Ман њам мисли ту майишат кардан мехоњам!
Бостон. Ба ту гап њайф. (Даст афшонда меравад).
Овозњо аз боло (чархбол).
- Бистум, бистум! Мо дуруст равонаем?
Бозорбой. Ња! Газа зер кунед Эњња! Бинед, дар галаи оњу гургњо! Парронед! Кори гург тамом! Ин ба шумо мултфилми «Њоло ист» не!
Садои тир.
Акбара. Вой, бачањоям!
Акбара ва Тошчайнар уллос мекашанд.
Намоиши 2.
Биёбон. Кўкнорзор. Бозорбой меояд, урён мешавад. Бадани урёни худро ба гули кўкнорзор расонда пешу ќафо медавад.
Бозорбой. Ана, љонам. Ман барои ту шуда, ба Бостон роњ надодам! Ба ман пули бисёр даркор. Ман бояд аз Бостон кам набошам! Аз гарди гули кўкнор пули бисёр љамъ карда… як Гулумхони љавон мехарам!
Акбара, Тошчайнар ва се гургбача меоянд.
Акбара. Шукр, боз фарзанд ёфтем. Ба онњо бояд шикорро ёд дињем.
Тошчайнар. Юрмону калламуш зиёд…
Акбара. На. Шикори њаќиќї мехоњам.
Тошчайнар. Њоло мавсими шикори нахир сар нашудааст...
Акбара. Насли гавазнњо имсол зиёд шуд, ќути мо шуданд. Тошайнари ман – рамзи нерўву тавоної, ба як љастан дандонаш чун теѓ гардани гавазнро палмосида, дар барфи сафед наќши сурх мегузорад. Хуни гавазн ба мо њаёти нав, ба тани гургбачањои мо љони тоза мебахшад ва моро њељ кас барои ин љазо намедињад. Охир ин махлуќњоро худо барои ќути мо офаридааст.
Тошчайнар. Табиат ба мо ѓамхор аст. Танњо кори одам дигар: ў ризќи худро бо зањмат ба даст меорад. Вале мо дар ин мавсим ба шикори нахчир њаќ надорем.
Акбара. Ана, њоло рўи барф ба шикам хазида, оњиста оњиста пеш меоям, ба як љастан болои гавазни шикамдам савор мешаваму…
Тошчайнар. Модарро нобуд кунем, соли дигар бе ќут мемонем!
Акбараву Тошчайнар бо орзуву њавасњои худ овора, гургбачањо пештар рафта Бозорбойро дида, меистанд. Бозорбой пешу ќафо метозад. Масту махмур шудааст.
Бозорбой. Бостон худаш кї!? Аз гарди гули кўкнор пули бисёр љамъ мекунам. як зани нав мехарам! Худи Гулумхонро мехарам! Бостонро њам мехарам! Тамоми дунёро мехарам!
Гургбачањоро дида, бо тааљљуб ба онњо менигарад.
Бозорбой. Аљоиб. Гургбачањо. Наход, ки…
Хост онњоро навозиш кунад. Вале бо «вингоси» хос гург-модар баланд љањид. Бозорбой аз тарс ба љояш нишаст.
Акбара. Даааафъ шав!
Тошчайнар. Лозим нест! Аз одам ба мо зиён нарасидааст!
Акбара. Хайр…
Гург-модар аз болои Бозорбой љањида гузашт.
Бозорбой. Вай, Худо! Наљот дењ.
Ба дањшат афтода, гурехт.
Намоиши 3.
Дашт. Бозорбой дар китф хўрљин, дар даст шароб меояд.
Бозорбой. Эњ, аз чўпонї хору зорам, аз кўкнор чизе наёфтам, аз дасти гургњои ин љову гургњои дупои он љо кор хавфнок шуд. Геологњо пули бисёр надоданд, вале, мешавад. Муллољиринг њаст - дар дил ѓам нест. Вале муњимаш, як шиша шароб доданд. Дар лаби љў майишат мекунам. Дар хона мўйдарози кутоњаќлам љанљол бардошта, кайфа мепарронад... Эњ, на дар кор барор дорам, на дар зан. Вай зеби ман не. Ана, Гулумкан дигар… Аммо вай зани Бостон шуд. Њай бало шуд саѓераи Бостон: њам чўпони баобрў, њам занаш хушрў, њам гўсфандњояш сернасл, њам занаш, аллакай якта писар дод… Эњ агар ман бахт медоштам… Ана љойи хуб: гулзор, љўйи об равон…
Дар тарафи дигар Акбара ва Тошчайнар.
Акбара. Пистонњоям холї шудаанд. Бачањоям шир мехоњанд.
Тошчайнар. Њоло ќуте меёбем.
Акбара. Она-Бўрї мењрубон аст, ана ќути моро дод. Се гавазн.
Тошчайнар. Мумкин не.
Акбара. Боз мумкин не? Чаро?
Тошчайнар. Намебинї? Ба наздикї модар мешавад.
Акбара. Дар атроф дигар чизе нест. Бачањоям шир мехоњанд…
Тошчайнар. Мумкин не, ќонуни табиат вайрон мешавад.
Акбара. Юрмонњо дар маѓокњо пинњон, замини яхбаста лаѓжонак, гўсфандон соњиб доранд. Њамин нахчирњои дуљон ѓанимат.
Тошчайнар. Не, не…
Акбара. Сангдил! Мехоњї бачањоят аз гуруснагї бимиранд?
Тошчайнар. Не, не…
Акбара. Пас бо ман ой! (Пеш меравад).
Тошчайнар. На.
Акбара. Худам меравам.
Бозорбой шишаро кушод.
Бозорбой. Ана, љону љонон. Як ќулту њама ѓами дунёро фаромўш мешавад. (Менўшад. Бо ях газак мекунад). Оњ бо ях газак кардан хуб. Маѓзи сарам љунбид. Ана, њозир ба тамоми вуљудам гармии шароб медамаду биёбони сарди барфпўш зери туман монда ба љои он як гулзори калони беохир ба чашмам намоён мешавад. Ана, ба гўшам хониши булбулу кабку бедона меояд.
Тошчайнар ва Акбара дар шикор.
Тошчайнар. Фаромўш накардї, ки он дафъа чї офат омад? Ду дафъа гургбачањои мо бењуда нобуд шуданд.
Акбара. Бубин, табиат ором, инсонњо аз ин љо фарсахњо дуранд. Нахчирњо моро диданд, вале осуда мечаранд.
Тошчайнар. Зеро ки аз њирси гуруснагї аќл бохтаанд!
Акбара. Ин ќути мо! Табиат ба мо фиристодааст! Худам меравам!
Тошчайнар. Ба љонвари калон бе шарик њамла кардан мумкин не.
Акбара. Пас, биё! Барои љони бачањоямон!
Тошчайнар. Мумкин не. Уф…
Дар тарафи чап Бозорбой. Овози ѓинг-ѓинги гургбачањо.
Бозорбой. Ње, инаш овози чї? Булбул дигар хел мехонад. Ин овози рўбоњ, ё шаѓол… Не… ин хел овозро дар кўкнорзор шунида будам. Њаъ, ин таъсири араќ. Араќи наѓз будааст. Боз якта…
Гургњо ба нуќтаи гургї љањида, ниќоби гургро мегиранд. Њарду љањида гавазнро ињота мекунанд.
Дар назди Бозорбой боз овози ѓинг-ѓинги гургбачањо.
Бозорбой. Боз… боз њамон овозњо… наход аллакай маст шуда бошам? Не… Овоз дар ин тараф, зери буттањои зирк…
Љуръа дигар нўшида, лабонашро бо бари остин хушк кард. Чорпо шуда бо эњтиёт ба љониби рост назар кард, кулоњи гургиашро ба сар кард.
Ња, лонаи кадом њайвон. Дар барф изи гургњо. И-и-и… Гургбачањо… Аниќ…
Акбара болои гавазн меаброяд, Гавазн гургро ба замин партофта, пахш мекунад,
Акбара. Биё!!!
Тошчайнар. Њозир!
Аз болои Гавазн љањида ба изтироб меандозад. Гавазн бо шохаш худро њимоя мекунад. Акбара љањида, ба гарданаш савор мешавад ва гулўяшро меканад. Гавазн меафтад. Гургњо ба хўрдан машѓул мешаванд.
Бозорбой лонаи гургро меёбад. Гургбачањоро ба хўрљин меандозад.
Бозорбой. Оњњо, чорта навзод, дандон надоранд. Худо, ки дод, намепурсад бачаи кистї. Фурўхта пул мекунам. Пули калон медињанд! Ба ин муносибат боз якта бардоштан даркор… (Ба шишаи шароб назар карда даст меафшонад). Ањ… Зудтар харгурез кардан даркор. Ба пули инњо сад шиша шароб мехарам! Гулумхони нав њам мехарам...
Шитобон меравад.
Гургњо каллаи гургиро гузошта, мисли одам оромона њарф мезананд.
Акбара. Зудтар пеши бачањо меравем. Онњо интизори шири ман.
Гургњо ба лонаи худ бармегарданд.
Акбара. Бачањоро сер мекунем, баъд боз ба сари гавазн бармегардем. Ин сў медавем, баъд он сў меравем.Фаќат дар даву тоз.
Тошчайнар. Хўроки гург дар пояш.
Акбара. Бўйи нофорам… Дилам аз чизе хавотир.
Тошчайнар. Бўйи бадани асп.
Акбара. Ва оби бадбўй. Куљоед, бачањо?! (Тозон пеш рафт, атрофро бўид). Куљоед!? Куљоед?!
Тошчайнар. Ооо-ууу, љигарбандонам!
Акбара бадар рафт, Тошчайнарро зада афтонда газид.
Акбара. Бачањо нестанд!
Тошчайнар. Одам омадааст. Поён рафтааст.
Акбара. Бачањоям! Ин пайи мўзаи љўпон. Инаш изи асп.
Акбара. Одам бачаи маро хўрдааст?
Тошчайнар. Не, дуздидааст. Дур нарафтааст.
Њарду шитобон пай гирифта аз пайи Бозорбой равон мешаванд.
Бозорбой шитобон меравад.
Бозорбой. Як бинам, нафасгир нашуда бошанд. (Мебинад). Не, гург сахтљон… Ба инњо чанд пул медода бошанд? Бењисоб, чанд моњ дар курорти Иссиќкўл майишат мекунам. (Дањони хўрљинро баста болои зин мепартояд). Чанд ойимча мехарам. Ба ин муносибат садта задан даркор… Шиша дар боло монд-ку… Њељ гап не. Акнун дар њавзи шароб оббозї мекунам. Њой, аспи бало, ќилиќ накун. Ист! Чї љин расид?
Нохост њушёр мешавад. Ин садои гургњо!
Ё пирам, ман чї кор кардам? Ба лонаи гург даромада, бачаашро гирифтам! Чу љонвар! Пой дошта бошиву нагурезї, вой бар аќлат! Агар њушёр мебудам, њаргиз ба лонаи гург намедаромадам… Аммо акнун дер шуд… Акбара. Суст намон.
Тошчайнар. Афсўс, ки шикам пур асту давида наметавонам. Набошад ин ба як љаст ба ин одами бачадузд расида макашро мекандам.
Акбара. Аз чап рав, ки асп рамида љониби кўњ равад.
Тошчайнар. Дар болои асп одами боаќл нишастааст, љилавро љониби Иссиќкўл меакашад.
Бозорбой. Гург мехоњад, ки асп тарафи кўњ гардад. Не, дар болои асп одами боаќл нишастааст. Сўи Иссиќкўл меравем!
Акбара. Бачањои маро набар!
Бозорбой. Вой њазрати Бањоваддини балогардон! Мадад! Аз ин балогургњо халос шавам, њафт гўсфанди пеши рамаро ќурбонї мекунам! Ман њоло љавон, њељ чиз надидам! Кош барваќттар ба роњ мебаромадам! Кош дар рўзи равшан мемурдам…
Гирди сањна гўё савори асп метозад. Гургњо аз чапу рост меоянд.
Тошчайнар. Боз як љасти дигар…
Бозорбой. Чароѓ намоён шуд. Ин чароѓи Бостон! Хайрият, ки вай рамаашро ба дашт овардааст! Ќанд зан Бостон! Молодец, Уркунчиев! Њатто муњаррики барќ шинонд, ки гургњои таъќибкунандаи маро тарсонад. Молодец, Бостон! Браво, Уркунчиев! Ќандингни ур, Бостон!
Намоиши 4.
Аккоси сагњо. Њаёњуи чўпонњо. Гулумкан ва Марат мебароянд
Марат. Ату! Гурга гиред! Оќтош! Йулбарс, Љайсан, Паланг! Ба пеш! Ату! ату! Эњ, инњо саги гурггир не, балогир! Чї дум меликконед! Аз гург метарсед?!
Овози Бозорбой. Маро халос кунед! Маро гургњо таъќиб мекунанд!
Садои тирпарронї. Гургњо суст шуда, аз давидан монданд.
Гулумкан. Гург – гург аст, ягон саг ба гург баробар намешавад. Савораро аз пояш кашида аз асп мефароранд, вале бо гург набард намекунанд. Фаќат бо аккосашон огоњ мекунанд. Мон љакидан гиранд.
Бозорбой шитобон пеш омад.
Бозорбой. Халос шудам! Нињоят халос шудам! Ана акнун майишат мекунам! эњ… дар ваќти ноќулай одам њар хел ваъдањо медодааст-да…
Гулумкан. Ин кї бошад?
Марат. Аз сари калаш Бозорбой менамояд.
Гулумкан. Бозор-бой-ака, ба шумо чї шуд?
Бозорбой. Аз кўњ дер баромадам. Ба ман гургњо дарафтоданд. Дуташа куштам, дањтааш њуљум карда омад.
Марат. Бе камон чї тавр куштед?
Бозорбой. Бо… калтак… Э, Маратљон об те, мурданї тарсидам.
Гулумкан. Биё, њамсоя, болои ќолин бишин. Чой биёрам, ё айрон?
Бозорбой (ором шуда). Чой нўшокии занњо. Гармаш нест? Охир дар хонаи Бостони сарватманд мењмонам. Номи ў вирди забони њама…
Гулумкан. Бостон, ки худаш наменўшад, аз ин чизњо парњез дорем.
Бозорбой. Ња, Бостон ќањрамон, хушахлоќ. Вале барои мењмон мумкин будагист? Марат, худат кам-кам мегирї-ку?
Марат. Њозир метарошем бой-ака. Дар таги пахол нимта доштам.
Бозорбой. Худи ќањрамон дар куљо?
Гулумкан. Ба маљлиси пешќадамон ба маркази ноњия рафт.
Бозорбой. Дар њама кор пешќадам. Дар як сол соњиби писар шуд!
Гулумкан. Таъом биёрам.
Мебарояд. Аккоси сагњо баланд мешавад.
Бозорбой. Сагњо мељаканд. Пас, гург дар њамин наздикї… Муфт халос шудам. Вале беваи Эрназар ин ќадар хушрў шудааст. Бахти Бостон тофт. Гулумкан бадак набуд, вале дар мотами шўяш коњид. Њоло зўр шудааст. Аз Бостон дањ сол љавон. Ба чил расид, вале таваллуд кард-е. Боз писар… Аз Эрназар ду духтар дошт, њардуро шў додаст. Кош зани ман мебуд… Гулумкан боаќл шудааст. Медонад, ки ману Бостон ќањрием, вале сир бой надода, мењмондорї мекунад. Кош зани ман њам чунин доно мебуд. Эњ, Ќоќ Турсуни нотарошида куљову ин куљо? Агар дар ягон љойи бе кас ба дастам меафтид, як луќмаи хомаш мекардам…
Марат меояд.
Марат. Ана, луќмаи хом. Марњамат.
Бозорбой. Барои барор.
Марат. Кадом барор? И-е, дар хўрљинатон чизе мељунбад. Мор набошад?
Бозорбой. Не, гургбача. Акнун мо њам ба ќатори ќањрамонњо медароем: зуриёти гурга кам кардам. Барои њамин барор мебардорем.
Кенљабеки кўчак бо гурбачањо бозї мекунад.
Марат. Биё сагро киш-киш дињем.
Бозорбой. Ку, биёр.
Марат сагро назди гургбача меорад.
Марат. Гурга гир, Љайсан! Ќап, Љайсан!
Саг худро дур мегирад, сипас аккос мезанад.
Бозорбой. Кадом саг бо гург баробар шудааст?
Гулумкан. Саг ба љонвари навзод шафќат кард. Ин ќонуни табиат.
Бозорбой. Маро ќариб мехўрданд-ку. Ќонуни табиат будааст.
Гулумкан. Инњо хурдакак. Њоло чашм накушодаанд. Биё, шири гўсфанд дињем. Аз гуруснагї намуранд?
Бозорбой. Ќизиќ мешавад-ку: гург гўсфанда хомталош мекунаду гўсфанд ба бачаи вай шир медињад! Пас ин чї мешавад? Гург-барра!? Як-ду рўз бо ягон чиз сер мекунам, дар маркази њайвонот медонанд чї кор кунанд. Шояд ром карда дар сирк нишон медињанд.
Кенљабеки кўчак бо гургбачањо бозї мекунад.
Гулумкан. Аљоиб, ба писари ман маъќул шуд.
Бозорбой. Як гургбача буд, панљта шуданд. Њррр…
Марат. Чашмаш каб-кабуд. Мисли афсона.
Бозорбой. Модараш Акбара кабуд аст.
Гулумкан. Гург њам ном доранд?
Бозорбой. Фаќат дутааш: барои ќади баланду линги дарозаш модагургро Акбара номидаанд, гурги нарро Тошчайнар – бо дандони ашкаш сангро мекафонад.
Гулумкан. Чї хел љуръат карда ба лонаи онњо даромадї?
Бозорбой. Мо зўр-да! Вале мисли шўи ту дар газета наменависанд.
Марат. Барои ќањрамони нав Бозорбой-бойака. (Менўшанд).
Бозорбой (камони дар девор овехтаро мегирад). Дарвоќеъ, роњ хатарнок. Њамина ба ман те. Пагоњ меорам.
Гулумкан. Аз барои худо, њамсоя. Бе хафагї. Ба љояш мон. Бостон намехоњад, ки ягон кас ба камон даст расонад.
Бозорбой. Ту њам њаќ надорї?
Гулумкан. Не, не. Бостон дид, ки камон дар љояш нест, хафа мешавад, асабї мешавад. Чї лозим? Тир њам надорад. Бостон тирро пинњон мекунад.
Бозорбой. Зихнагии Бостонро медонистам. Ту њам пайи вай.
Марат. Бой-ака, худам туро гусел мекунам, то хонаат мебарам.
Бозорбой. Хуб. Рафтем.
Мераванд.
Гулумкан бо мењр писарчаро хобонда суруди анъанавии «Алла»-ро мехонад.
Гулумкан. Алла… Хоб кун, Кенљабеки оча. Дадаат њозир меояд… ба ту бозичањои хушрў меорад... Алла…. Дадаат мехоњад, ки фаќат хандаю шўхї кунї, зудтар йигит шавї, доно шавї, дар мактабњои калон хонї, одами хуб шавї, ба гарданат тавќ бандї… Алла….
Бостон меояд. Њардуро навозиш мекунад. Чароѓро хомўш мекунад.
Намоиши 5
Манзиди Бостон. Нимашаб. Нулаи гургон. Аккоси сагњо.
Акбара. Оу оу у у уа а а а!
Тошчайнар. Оу оу у у уа а а а!
Њама бедор мешаванд. Бостон камонашро ба даст гирифт.
Бостон. Гуфтам-а, Бозорбой кори бењуда кард! Кадом љин ўро ба лонаи гург бурд? Чаро вай гургњоро мањз ба ин љо овард?
Гулумкан. Чї кор мекардам? Мењмон шуд, охир. Гургбачањоро нишон дод, ба Кенљабек маъќул шуд. Як пиёла чой дода, кам нашудем…
Бостон. Гап дар чой не. Амалаш нодуруст.
Гулумкан. Хайр, ана, ту њам як гурга паррондї. Пўстинаш кашол.
Бостон. Ту њаќ. Дунё њамин хел - одаму гург созиш надоранд. Љояш омад, гурга мепарронї, сустї кардї, гург туро медаронад, тамоми рамаро нест мекунад. Лекин Бозорбой гургбачаро гирифта, очагургро дар озодї монд! Лонаи гургњо дар ин дара! Дигар ба мо рўз намедињанд.
Гулумкан. Чаро ин ќадар нула мекашанд?
Бостон. Барои бачањояшон. Охир ин Акбара аст, гурги оддї нест
Гулумкан. Бозорбой гуфт. Наход њайвон њам эњсос дошта бошад?
Бостон. Ана, бин, охир! Тамоми дунёро ба шўр оварданд!
Гулумхон. Љигарам об шуд. Чї мехоњанд? Ба онњо чї даркор?
Бостон. Бачањояшон. Баргардондан лозим…
Гулумкан. Охир дар ин љо нестанд. Кайњо бурдаанд.
Бостон. Ана инашро намефањманд. Онњо њайвонанд. Њамин ќадар донистанд, ки дузд бачањояшонро ба ин љо овард. Намефањманд, ки дигар ин љо нестанд. Ќанд зану фањмон. Ман ин љо мебудам, гарданаша мешикастаму гургбачањоро ба очааш медодам. Акеуе мо бояд њисобї кунем. Оќибаташ ба хайр шавад.
Нулаи гургон ба зории одам монанд мешавад.
Гулумкан. Худоё, мисли занњо дар љанозаи шавњар нола мекунад.
Бостон. Дарди инсону њайвон як хел.
Гулумкан. Ман метарсам, Бостон.
Бостон. Ором шав. Хона даро. Бо тир аз ин љо дур мекунам.
Камонро гирифта назди рама рафт.
Гулумкан. Оќибаташ ба хайр шавад.
Бо хавотирї писарашро бардошта, ба хонаи дарун бурд.
Бостон бо камон чанд маротиба нишон гирифт, вале ба њаво паронд. Нулаи гургњо кам нашуд.
Бостон. Чаро ин ќадар густох шудї!? Бо ту чї кор кунам. Тир намегирад туро. Сагњо ба ту наздик намешаванд!
Нолаи одамвори гург. Нулакашии гургонаи Бостон .
Бостон. Аз ман чї мехоњї? Нула накаш. Бачањоят ин љо нестанд. Ман илоље надорам. Бачањоятро Бозорбой кайњо фурўхта, ба пулаш шароб менўшад! Сад давї њам, ба онњо расида наметавонї.
Нолаи одамвори гург.
Бостон. Мефањмам, азобат зўр Акбара. Вале бирав. Фаромўш кун зудтар. Як нафас ором гузор. Гум шав аз назарам! Ба чашмам намої, мепарронам. Гум шав, ки овозатро нашунавам! Боз як нољинсро њам нест мекардам, ки аз ту - вуњуш бадтар аст! Аз ту бачањоятро дуздид, аз ман бо туњмату буњтон номи некамро дуздидан мехоњад!
Нулакашии гург.
Бостон. Ман њам зиндагии осуда надорам. Ман њам мисли ту – рўзгори ман аз поям обод. Умре дорам, медавам, ягон рўз осоиш надорам. Ва рўз то рўз дардам зиёдтар мешавад! Фањмидани маънии њаёт мушкилтар мегардад. Он чї, ки пеш дар борааш њељ фикр намекардам, имрўз азобам медињад. Шараф! Одамият! Одамњо…
Нулакашии гург.
Бостон. Ман њам аз аввал берўзї будам. Бачагиям ба даврони љанг рост омад, 8-сола будам, ки падарам дар љанг њалок шуд. Баъд очаам аз олам гузашт. Акањоям ба њоли худ буданду ман ба њоли худ. Умед фаќат ба худам, ба зањмати чўпонї буд. Бо мењнат худро тасалло додам, бо мењнат ризќу рўзї ёфтам, бо мењнат обрў ёфтам. Одами танбала аз хурдї бад медидам. Онњо њам маро чашми дидан надоштанд. Вале имрўз њаёт дигар шуд: байни њаќу ноњаќ фарќ кам шуд, пулдорони беимон бо туњмату буњтон номи маро паст задан мехоњанд.
Нулакашии гург.
Бостон. Ин нолаи ту –оњи дили ман аст. – Чанд мењнатќимобу њилагар болои кор шуданд, пўшидаву рўшод маро бахил, мумсик меноманд. Нолаи ту - равони сарсону бечораи ман аст, ки дар кўњу дашт њамроњи ту нула мекашад. Барои њамин нулаи ту алами маро бештар мекунад, маро мекушад. Махсусан рўзе, ки барои марги дўстам Эрназар ноилољ мондам… То њол дилам ќарор надорад… Аз њамааш безор шудам. Фаќат њамин тифли навзодам диламро ба зиндагї гарм мекунад. Танњо барои Кенљабекам зиндагї мекунам.
Нулакашии гург.
Бостон. Илтиљо мекунам, Акбара. Нула накаш. Гулумкан модар аст, ўро натарсон. Кўдак хоб аст, нороњаташ накун. Вай бањои азияту сарсонињои ман аст. Худо вайро ба ман додаст, ки як дам аз шўру шари љањон осоиш ****...
Нулакашии гург.
Бостон. Кофист. Акбара. Набошад, ман њам нула мекашам.
Њарду баробар нула мекашанд.
Моњтоб. Дар моњтоб сурати Она-Бўрї.
Акбара. Она-Бўрї, ба додам бирас! Бачањоямро ба ман баргардон! Касе маро намефањмад! Ягон кас, ягон нерў дарди маро сабук намекунад! Эй кўњњо, чаро ин ќадар сангдилед!? Эй одамон, чаро ин ќадар золимед!? Чаро дили маро мекушед!? Она – Бўрї, чаро сарнавишти шум додї?
Нолаи Бостон.
Акбара. Ман аз аввал берўзї будам. Ќади баланду бозувони неруманд доштам, вале осоиш надидам. Волидонам дар набард бо одам њалок шуданд. Манзили аввали маро одамон хароб карданд. Ризќи гург дар пояш – шабу рўз дар давутоз будам. Вале гургњои гала хостанд, ки ман мутеъ бошам. Вале ман каниз буда наметавонам. Барои њамин, ба ман чира шуданд! Барои њамин умре бо Тошчайнар танњову хору зорам.
Нолаи Бостон.
Акбара. Чунон дилсардам, ки аз зиндагї безор шудам. Фаќат њамин гургбачањоям диламро ба зиндагї гарм мекунанд. Фаќат барои бачањоям зиндагї мекунам. Ду насли маро одам нобуд кард. Охиринашро дуздид. Бачањоямро ба ман баргардонед, на ба одам сару кор мегирам, на ба ягон љонзоди дигар…
Нолаи Бостон.
Нолаи гург. Оооаааууууу …
Намоиши 6.
Бозорбой аз хона баромада, зоњиран латукўби навбатии занашро бо сухан «љамъбаст» мекунад. Аз хона нолиши зан шунида мешавад.
Бозорбой. Мурдиву намурдї, ки халос шавам! Ќоќ Турсун! Аз рангу рўят безорам! Њама занњо зан, ту ходаи сари ќаври ман! Ана, зани Бостона бин – њам хушрў, њам љавон, дар як сол писар карда дод! Ту чї – ќараѓайи бењосил! На ба задан одам мешї, на ба кўфтан! Њатто номат безеб – Ќоќ Турсун! Вай чї – Гулумкан! Кайф – кайфи Бостон! Э, њамин гургбачањоя фурўшам, як Ќоќ Турсуни нав… Эъ, дафъ шав! Як Гулумкани нава харида зан мекунам! Майишат карда мегардам… (Ба роњ нигариста). Эњња… гурга ёд кунї, худаш меояд. Ба манзили ман худи Бостон меояд! Ќањрамони газетаву телевизиону радио, сарчўпони номї Бостон Уркунчиев меояд! Ана, бин, ўро занак: як махлуќи худо, лекин Гулумкан вая мард кардааст. Маълум, ки нав лабњои Гулумкана газида мазза карда хестааст! Ња, муттањаме… Дар сари зин шиштанаша бин, сиккаю савлаташа бин! Њамааш аз њисоби Гулумкан! Як бўсаи Гулумкан шери нар мекунад, як бўсаи Ќоќ Турсун – хари ланг! Ишќи Гулумкан вая сарчўпони номї, бою бадавлат кардааст, ишќи ту – маро як чўпон-гадои номуваффаќи оддї… Ин кулаки дермонда дар ин сањари мардон дар хонаи ман хар гум кардааст? Ба хона даъват намекунам – њуљраи рангпаридаю зани рўйкафидаи маро дида, чї мегўяд?
Бостон меояд.
Бостон. Салом, Бозорбой.
Бозорбой. Њм… Биё, бой-бобо.
Бостон. Хайрият, ки туро дар хона ёфтам.
Бозорбой. Хайр, чї гапи махфї доштї?
Бостон. Махфї не. Як хизмати оддї…
Бозорбой. Ту барин одами машњур пеши мани бечора барои кори оддї намеояд. Ё не?
Бостон. Дуруст. (Ба атроф нигариста пеш меояд).
Бозорбой. Чї, тамошо мекунї? Албатта мисли ту бой нестам, ќасри тилло надорам. Мизу курсиву суфа њам нест. Болои кунда бишин. Барои ман чархи трактор њам мешавад. Гап зан.
Бостон. Гап њамин, Бозорбой. Гургчањоро бояд баргардонда, ба лонаашон гузорем…
Бозорбой. Ана гап дар чї? Гуфтам-а, ќањрамон дар хонаи ман хар гум кардааст, ки сањар кати њама кораша партофта йурѓа зада омад?
Бостон. Гургбачањоро барнагардонем, арасот мешавад, ќиёмат ќоим мешавад.
Бозорбой. Ту ба ман фармон нате. Ман чўпони зердасти ту не.
Бостон. Ин фармон не. Барои чї ту оромона гапа гўш карда наметавонї? Ба фикрат, гургњо кори туро фаромўш мекунанд?
Бозорбой. Фаромўш мекунанд – намекунанд, ба ман чї?
Бостон. Гап дар он, ки шаби дароз бо уллоси худ моро ба ташвиш оварданд. Рама љонсарак шуд. Мо то сањар мижжа назадем. Худат феъли гурга медонї – то бачањошяро надињем, ѓам додан мегирад.
Бозорбой. Оњњо! Ана барои чї ќањрамон пеши ман зорї мекунад! Имшаб бо соњибљамол оромона майишат карда натавонистам, гўй!? Њељ гап не. Холи ман њар шаб њамин.
Бостон. Гапа дигар тараф набар…
Бозорбой. Э, сари мана гаранг накун! Ањмаќата ёфтї! Љонамро гарав монда, гургбачањоро аз чанги очааш кашида гирифтам, ки ба ту дињам?! Не, ту фоидаи худата мебинї, ман фоидаи худама!
Бостон. Як бор андеша бикун, Бозорбой…
Бозорбой. Корам чї, ки аз дасти гург тую беваат хоб кардед, ё не?!
Бостон (худро базўр аз ѓазаб дошта). Фањмидам, ки хато кардам. Биё, савдо мекунем. Нарх мон, ба њар ќимате гўї, ман мехарам.
Бозорбой. Ба ту - аз сарам тилло резї, намефурўшам.
Бостон. Гургро ба кї мефурўшї – ба ту чї фарќ дорад?
Бозорбой. Ту пул дорию ман надорам?! Э, ба пулњои ту ман туф кардам! Ба як шиша араќ иваз карда мехўрам, лекин ба ту намефурўшам!
Бостон. Ањмаќї накун, Бозор! Биё мардак барин гап занем.
Бозорбой. Насињат нахон. Худам медонам бо кї чї хел гап занам! Ман њам гапро медонам. Дар суд чунон гап мезанам, ки аз куљо хестану шиштани офтоба фаромўш мекунї. Э, бењтараш, сињат- саломат харата аз инља њай кун.
Бостон. Ана халос. Бе тањдид гўй, ки дар бораи ман чї гуфтан мехоњї? Чї ин ќадар тањдид мекунї?
Бозорбой. Ту медонї, зидди давлат баромадї?!
Бостон. Кай? Чї хел? Барои чї?
Бозорбой. Давлат мехоњад, ки даррандањоро нест кунем! Ман зуриёти гурга нест карда, ба давлат фоида овардам! Ту бошї, гургчањоро ба очааш дода, насли гурга зиёд кардан мехоњї! То ки рамањои давлатро нест кунанд?!
Бостон. Не, Бозорбой…
Бозорбой. Ва барои ин амали зиддидавлатї ришва дода, маро харидан хостї!
Бостон. Ришва не! Ту чї хел мардї-а? Ман гургбачањоро харидан мехоњам! Бо суд њам бењуда метарсонї! Аввал гиребони худата бўй каш.
Бозорбой. Давлат медонад бо ту чї кор кунад! Ман њам дар он љо рафиќ дорам! Онњо ба ту, гургпараст, нишон медињанд!
Бостон. Ќањрамон аввал очагурга медорад!
Бозорбой. Очаи гурга ту ќап!
Бостон. Акнун гургњоро мисли шамоли дашт ёву гир! Лонаашро, ки хароб кардї, дигар онњоро ёфтаву дошта намешавад! Вале гургњо ба рамаи гўсфандњо зиён мерасонанд! Ќасос мегиранд! Буќќаву аспро њам медарронанд, одамро њам!
Бозорбой. Лаќќидан гир. Чунон афсона мехонї, ки гўё гург мисли одам эњсос дошта бошад, ќасос мегирифтааст! Сари мана гаранг накун. (Кулоњашро партофта, љангљўёна пеш меояд). Ба ман фишор биёрї, бисёр чизњои дигарро њам мегўям.
Бостон. Боз чї гуфтан мехоњї!? Зудтар гўй!
Бозорбой. Медонам барои чї имшаб хобат набурд! - Зеро ки ту не, Бозорбой бачаи гургро гирифт! Ту не, Бозорбой ќањрамонї кард! Ту бахил! Мехоњї фаќат туро таъриф кунанд!
Бостон. Туфу, бар ту! Чаро бо ту барин палид гапамро њайф мекунам!? Худам аблањ! Медонистаму боз омадам.
Бозорбой. Дар шаби хобат мебинї гургбачањоро!
Бостон. Гап ба ту њайф! Акнун дињї њам, намегирам.
Бозорбой. Намедињам!
Бостон. Рав, кори њаромата кардан гир!
Бозорбой. Давом додан мегирам!
Суханњо нофањмо, ба дандон тез карда «вангос» задании гургњо монанд шуд.
Намоиши 7.
Торикї ва нур. Нулаи гургон, аккоси сагон, нолаи модарон.
Нидоњо:
- Тамоми баррањоро дарронда кушт!
- Як бачаро бо асп хоида партофт!
- Раги гардани њама гўсфандњои барои тўлгирї мондаро канд!
- Оњ, Акбара! Воњ, Акбара!
- Дод аз дасти Тошчайнар!
Дар ин байн Бозорбойи маст аз бозуи зани сабукпо дошта механдад.
Бозорбой. Ња-ња-ња…
Бостон дар даст камон меояд. Нишон мегирад, вале гургњо гоњ дар чапу гоњ аз рост пайдо мешаванд ва тираш хато меравад.
Бостон. Бозорбой, мефањмї, чї арасот барпо кардї!
Бозорбой. Ња-ња-ња… Ана ина зиндагї мегўянд!
Раќс карда, њамроњи зани сабукпой меравад.
Акбара ва Тошчайнар бе њарос, љунунвор гашта фарзанд мељўянд.
Акбара. Оооааауууу!!!
Бостон. То кай моро азоб медињї? Бачањоят ин љо нестанд! Бифањм! Дигар онњоро ёфта наметавонї!
Акбара. Оооааауууу!!! Лонаам холиву сард аст, мазористон аст! Куљоед чор љигарпорањоям!? Оооааауууу!!! Агар шумо калон шуда, нерўманд гашта, аз бари ман мегаштед, аз чор љониб амон меёфтам, дилам ором мебуд, поям хаста намешуд…
Акбара ба лона баргашт. Фук рўи дастон гузошта чашмонашро пўшид. Дар хаёли ў гургбачањояш пайдо шуда, гирдашро печонданд.
Акбара. Биёед, љигаргўшањоям. Ман шуморо ёд кардам. Пистонам аз пурии шир ба дард омад. Нўши љон кунед… Куљо будед, шўхакони ман? Дар хонаи Бостон? Шуморо азоб надоданд? Нўлшед… Вале чаро шир дар пистони ман кам намешавад? … Шукр, ки шумо дар бари ман њастед, ќуввати дили ман њастед... Мо њамроњ назди инсон меравем, ба инсон ташаккур мегўем, ки шуморо халос кард! Медавем. Ман дар байн, шумо аз чор тарафи ман. Ќадам намезанем, парвоз мекунем! Барои сипос ба инсон… Хуршед тобон, олам чї зебо! Падар нигањбон… Парвоз мекунем! Барои сипос ба Бостон… ба Бозорбой…
Њама шод метозанд, гўё парвоз мекунанд. Акбара бо чашмони пўшида метозад. Танњо мемонад. Меафтад. Чашмонашро мекушояд. Дар бараш Тошчайнари мотамзада хоб аст. Акбара беовоз нолиш мекунад, худро ба хок мезанад. Сипас бе овоз аз лона мебарояд. Ба моњтоб нигариста нула мекашад. Дар моњтоб сурати Она Бўрї.
Акбара. Оооааауууу!!! Ай модар-худо, ай Она-бўрии пок! Назар ба фарзанди бечораат андоз! Ин манам, модари танњои мусибатзада байни куњњои яхбаста бо дили сард, аз љањон дасту дил шуста. Њай дард дорам, модар-худо! Мешунавї, чї сон нола дорам!? Мебинї, чї муљассамаи дардам!? Мефањмї нолаи ман аз чист? Тамоми вуљудам нола гашт! Пистонам аз пурии шир ба дард омад! Ай модархудо! Ай Она- Бўрї! Ба назди ман биё, ки њамроњ нола кунем! Биё, бубин, ки инсон хонумонамро сўхт! љигарпорањои маро дуздид! Ба мо дигар љой намонд! Нигар ба кўњњои сарду тира – дар ин љо њам инсон ба мо, гургњо љой намонд. Ай Модар - худо, ай Она-Бўрї, агар назди мо намеої, маро назди худ бибар. То њамроњи ту дар моњтоб монаму ба њоли замин нола кунам! Маро шунав! Ай Модар-худо! Ай Она – Бўрї! Маро шунав. Оооааауууу!!! Оооааауууу!!!
Тошчайнар хеста равон мешавад. Акбара низ аз пайи ў меравад, аз ў пеш мегузарад. Ба манзили Бостон мераванд. Бо нулаи худ сагњоро ба изтироб меоранд.
Бостону зављааш ва Кенљабек бедор ва нороњат мешаванд.
Гулумкан. Худоё, ин чї љазои сангин?! Натарс, Кенљабек! Гурбањо фарёд мекунанд!
Бостон. Ба дилам задед, гургњои бефањм! Бо ин рафторатон худ нафањмида, њукми ќатли худро баровардед! Акнун аз худатон гила кунед!
Гургњо. Оооааауууу!!!
Гулумкан. Хайр, бало ба пасашон. Хоб кун, Бостон. Субњи барваќт ба суд рафтанат лозим. Бозорбой аз гуфтааш намонд.
Бостон. Ту дам гир. Ман гургњоро тарсонда дур мекунам.
Бостон камонашро мегирад. Гургњо хомўш мешаванд.
Бостон. Пинњон шудед!? Њилаатонро меёбам. Бо гўсфандњо ба шумо дом мемонам…
Меравад.
Намоиши 8.
Бостон дар даст камон байни сангњо интизор нишастааст.
Бостон. Њозир меоед. Барои даррондани гўсфандњо меоед… Вале рўз ним шуду аз гург дарак нест. Чї бадбахтї ёрам шуд, ки њељ корам барор намегирад? Аз чї дар зиндагї чунин беадолатї њаст? Барои обод кардани зиндагї ба кўњистон рафтем, вале нохост Эрназар ба љарї фурў рафту ният нима иљро нашуд. Њама корро барои осудагии чўпону рама кардем, вале ин гургњо ба сари ман балои азим шуданд!? Аз уллоси шумо гўсфандњо девона мешаванд, насл кам мешавад! Гургии шумо ба њадде расид, ки танњо бо куштани чорво машѓул гаштед, на барои сер кардани худ. Аллакай ба одамон њуљум мекунед. Боз мепурсанд, ки чаро љавонњо ба чўпонї майл надоранд? Болои њамаи ин, Бозорбой маро ба суд кашид. Ман дар суд њаќ буданамро собит мекунам, шумо гургњо дар ин љо аллакай бист барраро нобуд кардед! Бо ин њол зиндагї чї мешавад? Ризќу рўзии чўпонњо чї мешавад?.. Ана, омад… Танњо…
Акбара аз дур намоён мешавад. Бостон ўро ба нишон мегирад. Аз ќафо садои андак шунавои шитирроси алаф. Тошчайнар ба Бостон њуљум мекунад. Бостони бо камон нишонгирифта њамоно љониби ў баргашта мепарронад. Тошчайнар болои Бостон мељањад, вале аз тири ќаттол суст шуда, меафтад. Бостон аз зери гург хеста, Акбараро љуста, камонро ба тарафи дигар мегардонад. Акбара гўсфанди пушторакардаашро партофта шитобон љањида, худро ба чапу рост задан гирифт. Бостон парронд, вале тир хато рафт.
Бостон. Куљої ту?! Биист! Афсўс... Њадаф ту будї, Акбара. Туро акнун дастгир кардан амри мањол…
Меравад.
Шом Акбара ба сари љасади Тошчайнар омада нула мекашад.
Намоиши 9.
Љараёни кори суд. Бањси Бостон ва Бозорбой.
Гўшаи бинои суд. Љараёни суд. Дар ду минбар Бостону Бозорбой.
Бостон. Гап дар гург не, дар одамест, ки амалаш гургона аст: Бозорбой гургбачањоро аз лонааш дуздиду ўро марди майдон эълон кардед. Вале ин кори хато. Ин ќањрамон андеша накард, ки аввал оча- гургро дошта, нобуд кардан лозим буд. Ана акнун чї шуд? Гургбачањоро ин фурўхта ба пулаш араќ хўрду, гургњои калон тамоми водиро ба дањшат оварданд. Њама шикоят доранд, ки гург ба њай-њайи чўпонњо заррае ањамият намедињад. Ба одам њуљум мекунад! Бозорбой бо ин кораш гургњоро зидди мо ба васваса андохт.
Бозорбой. Ман васвасаандози гургњо бошам, ту худат кистї? Барои он ки туро пешќадам гўянд, худат чорвои љамъиятиро ба лонаи гург бурдї? Биёбон ба ту чї лозим буд? Чарогоњи худамон чї бадї дошт? Об дошт, алафи худамон кофї буд!
Бостон. Кадом алаф?! Кадом чарогоњ!? Дањњо рама дар як пушта мечаранд! Њатто решаи алаф намонд! Њамроњи Эрназзар ба кўњ рафта, хостем, ки чарогоњи навро азхуд кунем. Њоло рамањои мо солим, насл ду баробар зиёд шуд…
Бозорбой. Насли ту њам зиёд шуд. Сабабашро намедонам!? Чаро ба кўњ рафтї, медонам. Ту хостї чўпонатро кушта, ба занаш соњиб шавї!
Бостон. Ба љигарам корд назан, Бозорбой. Эрназар ба ман бародар буд. Чї донем, ки дар хами аѓба љарии бетаг њаст!? Њама љо барф буд, пои Эрназар лаѓжида, ба љарї рафт!. Инро милитсия тасдиќ кард.
Бозорбой. Мардум туро намедонад? Медонад! Чаро ту нею Эрназар мурд? Чаро зани Эрназар нею зани ту мурд?! Зеро ки ту барваќт ба беваи ќанчиќи вай чашм ало карда будї, барои њамин Эрназара ба љарї партофтию ба зани вай соњиб шудї!
Бостон. Нодуруст…
Бозорбой. Маро васвасаандози гург номидї! Туро чї номем!? Эрназар дар кўњ, дар љарии яхпўш монду ту бо зани вай майишат мекунї! Эрназар дар банди кўњ абадї хомўш монду ту бо ќанчиќи вай суруди ишва мехонед! Баъди ин тую Гулумканро чї номидан мумкин? Њардуятонро ба суд кашида, љазои сахт додан даркор!
Бостон. Ман дигар гап надорам! Чї љазое мувофиќ донед, дињед, вале ман бояд равам. Њамаро ба айлоќ бурдем. Аз гург хавотирам.
Бозорбой. Ту ба кирдори худ љавоб медињї!
Бостон. Ман бояд равам. Дилам хавотир. Саломат бошед…
Намоиши 10.
Манзили Бостон. Кўдак дар берун давутоз мекунад.
Бостон меояд. Гулумкан пешвоз мегирад.
Гулумкан. Хайрият омадед.
Бостон. Њама тинљї?
Гулумкан. Ња, оромї. Лекин доим дилам хавотир. Ба айлоќ равем, хотирљамъ мешавем.
Бостон. Кенља куљост?
Гулумкан. Дар хона буд. Кенљабек!
Акбара меояд.
Акбара. Дар лонаи одам касе наменамояд. Овози саге ба гўш намерасад. Холист… Шояд бачањоям њамин љоянд? Шояд гуруснаанд.
Ба хона наздик мешавад, вале меистад.
На… Шояд одам барои ман дом гузоштааст. Ба љонам хатар тањдидгар аст. Вале дилам тоќат надорад! Не, ман наметавонам наравам! Охир макони будубоши бачањоям њамин љост! Аз бачањоям дар ин љо бояд нишоне бошад! Бўяшон дар ин макон мондааст! Аќаллан изи пояшонро пайдо кунам… Аќаллан изи пояшонро ба чашмам молам...
Бўй кашида ба љое мерасад, ки бачањояшро Бозорбой нигоњ дошта буд.
Акбара. Бўи бачањоям ба машомам мерасад. Ин изи пои онњо… Дар куљоед, бачањоям? Ба назди ман оед! Модари дар њасрати дидори шумо девонагаштаро бинед! Дар куљоед шумо? Назди модар оед! Бе шумо хору зорам! Бе шумо љигарам бирён аст! Биёед!
Писаракро мебинад.
Акбара. Ин љонвар кист? Ин ќадар ширинак! Инсони хурдакак… Вале мисли бачаи ман… Вале зодаи инсон… Чї ќадар монанд аст ба бачаи ман… Љониби ман меояд. Маро навозиш мекунад. Чанголи бачаи худамро эњсос мекунам. Аз дастонаш бўйи бачањоям ба машом мерасад… Ин гургаки одамсурат - писари ман аст!
Рўи писаракро мелесад. Ў механдад ва аз гарданаш оѓўш мекунад.
Акбара. Бачаљонам, туро ёд кардам! Пистонам пур аз шир аст! Чї хушбахтам, ки туро боз ба оѓўш мегирам. Биё, навозишат кунам!
Ѓел зада ўро ба оѓўш мегирад. Писар болои гург мебарояд.
Писарак. «Рафтем! Рафтем!»
Акбара. Куљо меравем? Он тараф? Не, наметавонам. Он љо одамон туро аз ман људо мекунанд! Ман намехоњам аз ту људо шавам, писарљон! Ёфтам! Туро ба кўњ мебарам! Ту ба љойи писарам фарзанди ман мешавї! Дар кўњи баланди сангин ту ба њаёти ман нуру сафо мебахшї! Ту бо хандањоят лонаи маро пур мекунї!
Ман туро њамроњам мебарам… Дили модари ѓамзадаро шод намо! Бо ту ман дарди људоиро аз фарзандонам коњиш медињам!
Бостон. Кенљабек! Инља биё, бачем. Куљої?
Кўдак аз болои гург фаромад. Вале Акбара аз гиребони куртаи ќудак гирифта озод ба пушташ партофт ва фирор кард. Чирроси кўдак.
Бостон. Кенљабек!
Гулумкан. Воњ, Худољон! Гург кўдака бурд.
Бостон зуд ба хона даромада камонро гирифт. Нишон гирифт. Гург бо осонї самти њаракаташро дигар мекунад.
Бостон. Ист, Акбара! Писарамро мон! Ба ту ман кордор нестам! Дигар ягон ваќт ба гург тир намеандозам. Илтиљо мекунам, писарамро ба ман дењ!
Гулумкан. Паррон! Ба ин тараф! Зудтар!
Бостон. Исто лаънатї! Писарамро набар!
Мепарронад. Тир намерасад. Боз нишон мегирад.
Гулумкан. Паррон! Ба он тараф! Њозир ѓайб мезанад. Кенља-а-а…
Бостон боз мепарронад. Гург меафтад.
Садоњо сокит мешаванд. Гулумкан даст ба рў кашида аз њуш меравад. Бостон ба оњистагї, чун хаёл, назди гург меравад. Кўдакро мебардорад. Бе садо назди Гулумкан меорад. Њарду беовоз гиря мекунанд. Нохост садоњо барќарор мешаванд. Мусиќии мотам.
Бостон. Худоё! Барои кадом гуноњам чунин љазои сангин додї?! Барои чї?!
Гулумкан. Оооааауууу!!!
Гургвор уллос кашад ва дубора аз њуш меравад.
Бостон. Оооааауууу!!!
Уллос мекашад, камонро гирифта меравад.
Намоиши 11.
Манзили Бозорбой. Ў бо коре андармон аст. Бостон меояд.
Бозорбой. Ња , боз барои гургбачањо омадї? Хафа нашав, аз ман хоњиш карданд, ман навиштам …
Бостон. Ба ман фарќ надорад, ки чї навиштї. Фаќат гуфтаниям, ки ту њаќќи зиндагї кардан надорї.
Нишон нагирифта мепарронад.
Бозорбой. Оњ… (Меафтад).
Бостон (ба касони наздик омада). Наљунбед! Худам ба љойи даркорї меравам. Ман худам љазоямро медињам. Аллакай љазо гирифтам: бо дасти худ писарамро паррондам. Сабабгори марги ўро њам куштам.
(Дуртар меравад).
Дигар ба ман дар љањон коре намонд. Писарамро нагўронда, бо модари зораш дар мотами абадї танњо гузошта меравам. Мисли мављњои Иссиќкўл нопайдо мешавам! Маро ба оѓўшат гир, Иссиќкўл!
(Нула мекашад).
Оооааауууу!!!
Худро низ мепарронад ва ба оби Иссиќкўл мепартояд.
Свидетельство о публикации №223032700264