Эдуард Хачикян - Алайхи марг - перевод на таджикск
АЛАЙЊИ МАРГ
Пуштакўњи саросар кўкнор ба охир расид. Аз он тарафи майсазори зард пайроњаи морпечи сарнишеб ба поён ба дарёча бурда ба санги пули калон дакка мехўрад. Онњо ба замин дароз кашиданд. Ќаддарози ришаш кўтоњи чангзада ва Чорпањлу љилддони кўњнаи сапёрї дар пушт. Дар атроф хомўшї њукмфармост, танњо дар буттазор гоњ гоњ шитирроси болафшонии паррандае ба гўш мерасад.
-Мањ, гир. – Ќаддароз аз љайби хилъат-ниќоби ало-було нон гирифта ба рафиќаш дароз кард. – То фаромадани торикї сабр мекунем.
Ба љойи посух Чорпањлу бо иштињо нон хоида китфашро аз бори гарон озод кард. Ришдор посбонњои пулро бодиќкат наззора кард, пас дурбинро бо эњтиёт рўйи алафњо гузошт ва хобид. Нигоњаш беихтиёр ба абрњои сафеди пармонанд афтод ва хаёлашро ба хонааш бурд. Симоњои норавшан гоњо пеш меомаданду гоњо чун саги аз дасти балобачањо гурезон дур мешуданд. Ана, чењраи зане гўё шино карда пеш омад вале пас аз лањзае ба як нуќтаи рўшноидињандае мисли чашми њайвончае мубаддал шуд.
-Карина дока дод – нагирифтам, – муаммодор хандид Чорпањлу ва устокорона ба ќафо сар хам карда, лабњояшро њарисона ба обдон часпонд. – Ба наздикї њамааш тамом мешавад. Он тарафаш, дидї, ки ба хона рафтем, пеши гўдако.
Ќаддароз хавотиромез печутоб хўрд, нимдиккак шуда рўи сабза нишаст, норозигии худро пинњон накард. Занљираи хотирањо тамоман канда шуд. Ў тамоку даргиронд, акнун дар бораи Карина андеша кард – љавонзани аз шўяш људошуда, ки њамеша дар миёнаш халтачаи санитарї њамоил буд. Ин зани шўхи зиндадил гоњо аз шафќат мулоим гашта, ба аскарбачањо рухсат медод, ки пеш аз љанги вазнин дўстона рўи зонуњои гармаш сар монда ором шаванд.
-Ба назарам торик шуд, - бандњои чарминро ба китфаш кашида, норозиёна ѓур-ѓур кард Чорпањлу.
-Њоло барваќт – бо оњанги ќатъї изњор кард Ќаддароз ва ба замин хобид.
Кафи пањни дастонашро ба пушти сараш њалќа карда, кўшид, ки ёдовариро барќарор кунад. Аммо хотирањо барнагаштанд, гўё ки бо воќеият бархўрда, тит шуданд. Ва барои андак ором кардани майнааш худро маљбур кард, ки дар хусуси чизи дигар андеша ронад.
«Ифтихори миллии мо – Гораи дусара дар асорати душман аст ва Рўд-Модар бо хотири озурда соњилњои људогаштаашро мелесад. Тамоми кишвар дар харита зимни сурати яктарафаи духтари сафедрўй акс ёфтааст. Хотираи миллат бошад, андаруни деворњои калисо мепўсад… ва умед дар симои барги љилодори зайтун дар нўли мусичаи ривоятї аз Инљил дигар барои мо намеояд…»
-Торик шуд, - асабонї шуд Чорпањлу ва бо азми ќатъї бархест.
Овози рафиќаш гўё аз ким-куљои дуре садо дод, вале пас аз лањзае дар гўшаш бо ќувваи дањчанд расид. Ў бархест, бо ангуштонаш сигори то ба охир начокидаашро пачаќ кард, аз камараш акинакро бароварду ба остин андохт.
-Хайр, худованд мадад кунад! Рафтем!
Чун дарранда эњтиёткорона ќадам зада, поин фаромаданд. Аз байни буттазори ѓуллї њанўз нурњои уфуќ сурхї мезад. Дар наздикї бедона, ё ќумрї овоз баровард. Боз љангал ба хомўшї ѓарќ шуд. Оќибат нишебї поён ёфт. Дар ќаишзори соњил бод садо медод. Онњо ба замин хобиданд, боз њамаашро аз фикр гузаронданд, гаваккашон пеш рафтанд. Ана пул. Як љањиш ва супориш иљро мешавад. Гузоштани дастгоњи тарконанда кори яклањзаина аст.
Чорпањлу аз китфаш халтаи чармиро гузошту корди дамаш пањнро ба даст гирифт ва интизори ишораи рафиќаш истод.
-Ту ваяша - дар рўи пул истодаро мегирї, ман дуюмаша.
Моњи рангпарида мисли саќќо дар об љило дода, гоњо пањн мешуд, гоњо фишурда. Аз љангал хониши чуѓз ба гўш расид. Ќадбаланд чашмакзании оташи сигори посбонро бараъло дид. Ў хам шуда, ба љањиш омода гардид. Аз шиддати ѓайримуќаррарї мушакњояш ба нолиш даромаданд. Тамом. Фурсат расид. Љањиш ва соњил ба рўйи ќурбонї бархўрд. Пўлоди марграсон нимдавраи таќдирсўзро дар њаво кашида фаромад, вале дар бозгашт лањзае истод. Нури мањтоб рўйи рангпаридаи љавонро равшан кард, дар чашмони аз дањшат калон кушодаи вай илтиљои хомўш наќш баста буд. Дар гулўяш фиѓони каси ба марг мањкумгашта дармонд. Вале дар чашмони аз дањшат девонашуда як шарорачаи умед њам боќї монда буд. Ва он замон, ки ханљар бењаракат монд, ваќт гўё дар аз дави беохир дар њалќаи худ бозмонд. Лањза кафили абадият гашт. Вале аз љониби пул садои пасти талош баромад, таъхир баробари марг буд, даррандаи ба дом афтода худ метавонад дар ноомади кор гулўи сайёдро гирад. Даст – худи сарнавишти ногузир поин шуд ва зарба зад. Кадом як ќувваи фавќуттабиї дами ханљарро бо дастааш иваз кард. Аскар рўйи сангрезањо ѓелида рафт, ки садои афтоданашро фурў бурд. Хомўшии тазъиќдињанда фаро расида онро фаќат шар-шари оби љўй халалдор мекард.
Љавонњо дар назди ќаровулхонаи саросемавор сохта вохўрданд. Таркишгар аллакай кори худро тамом мекард. Аз ресмонаки оташгирифта ба атроф шарорањо мељањиданд. Боз чанд сония ва таркиш пулро мекафонад ва мошинњои душман дар он соњил мемонанд. Нохост аз љониби пул, аз љое, ки лањзае пеш фариштаи нигањбон ба нолаи модарон гўш дода, љони аскарбачаро халос карда буд, аввал рўшної барќ зад, баъд гулдурроси гўшкаркунанда баромад.
-Ин чї бало? – Чорпањлу бо овози аз дард таѓйирёфта пичиррос зада нафањмид, ки чи шуд ва дар ними љумла забонаш гирифта ба замин афтод.
Аз љониби муќобили пул ѓавѓо баланд шуда, паррон-паррони бетартибона оѓоз гардид, касе нола кард, баъд таркиши пурзўре ба амал омада, љўйи обаш лойолудро ба њаво бардошт ва мисли барќ дар кўњњо акси садо дод. Ќадбаланд рафиќашро дошта, сари китф партофт ва аз вазни ў хам шуда, пеш давид. Нури хиёнаткори чароѓи танк аз соњили муќобили дарё мисли роњбалади хира онњоро думболагирї карда, бо њалќаи марг мепечонд. Тирњои рўшноидињанда дар торикї ба сари онњо борид.
-Маро напарто, - хиррос зад рафиќаш.
Ќадбаланд посух надод. Ў давр зада метохт, ки аз нури таъќибкунанда халос шавад. То баландии буттазор наздик монд. Ана камтари дигар. Пушташ аз хуни рафиќ тар шуд. Боз андаки дигар ва онњо ба љангали наљотбахш паноњ мебаранд…
Ќадамњои охиринро бо неруи охирин паймуд ва акнун рафиќашро на пуштора карда балки кашола карда мебурд. Зонуњояш ларзида ќат мешуданд. Акнун худи онњо сайд гашта буданд. Љангали аз нолаи гарон пуршуда гўё аз дард девона гашта буд.
-Тамом, - оњи сабук кашида хиррос зад ў. – Мо халос шудем. Мешунавї, додарам?
Посухаш хомўшї буд. То ба охир вазъиятро дарк накарда, фаќат тахмин карда, ба рафиќаш рўй овард. Фариштаи нигањбон дар он љо рўйи пули тахтагї дар кўли хунин домани хитони сафеди худро олуда буд. Вай ин дафъа мунољоти одамизодро нашунид ва аљали дасташ устухоншакл бо доси бешафќати худ аз майдони ќасос њосили навбатиро даравида, бо пардаи ноаён охирин ќароргоњи рўњи паридаро пўшонд.
Чорпањлу дигар аз таќдир чизе намепурсид. Чашмони калон кушодааш бо адовати пинњоннашаванда ба осмон менигарист, вале дар сафедии чашмонаш ифодаи ба Олиљаноб хеле шиноси њайрат ва шуои норавшани аллакай хомўшшудаи мањтоб наќш баст.
Свидетельство о публикации №223032700273