Эдуард Хачикян Незванный гость - перевод на таджик

МЕЊМОНИ НОХОНДА

Агар баногоњ дуррољи балозада бо тарс аз лонаи баргпўшаш фиррї карда намепариду ќаноташро калон кушода бол намезад, аскари бечора аз ин мулоќоти ѓайричашмдошт бо парранда як ќад парида пешпо намехўрд ва аз датхўрии зону фиѓон намекард ва дарди љонкоњ аз пойи зуд варамида то даври чашмони калон кушодааш намедавид. Баъд ваќтро гум карда, мисли даррандаи ба дом афтода дарун ба даруни љангали аз тири тўпњо дарида зери пардаи туман гашта, ба шуввоси якнавохти шамолу афтидани барги дарахтон шарфаи ботињои вазнини аскариашро бањудаву бењуда љўр намекард. 
Ў ба милтиќаш чун асо такя карда мерафт. То имрўз, аниќтараш, то пешин, то њамон лањзае, ки бо мармиљони пухта андармон гашта, ногањон њис кард, ки роњгум задааст, аз таќдир шиква надошт. Аммо алъон аз зери дандонњои фишурдааш фаќат нолае мепечид, ки танњо худаш мешунид. Оќибат, аз сайругашти бенатиља дар љангал хаста шуда истод, ки пойи азиятдидааш аќаллан як лањза дам гирад, баъд пояшро кашола карда роњпаймоиро давом дод. Вай кўшид, ки то њадди имкон зуд равад, вале шом бо нафаси сардаш ноаён болои шохи дарахтон фаромад ва аз танаи онњо лаѓжида љангали маљрўњро танг ба оѓўш кашид.
Аскар аз торикї тарс дошт. Вай ўро мисли кўдаке, ки шабона бедор шуда бояд ба ќазои њољат барояд, метарсонд. Аскарро воњима пахш кард. Як каси ноаён, мањсули хаёлоти сармозадааш дар торикї гирдогирдаш тоб хўрда, пойида, ќадам ба ќадам аз пасаш мерафт то даме, ки нохост дар наздикї аккоси саг хомўширо халалдор кард. Як лањза љисми нолонаш  вазнинии пойи латхўрдаашро њис накард. Ва аскар дардро фаромўш карда шитофт љонибе, ки аккоси саг меомад. Дарахтњои љангал тоќа шудан гирифтанд. Арвоњи бадбўйи ўро таъќкибкунанда аз вай ќафо монд. Ва чашмони аз дарди сўзон тангшудааш оќибат суроби дењаро дид.
Аскари аз хунукї ларзон ба њавлии аз нури хираи мањтоб андак равшан даромад, ба аккоси саг ањамият надода, дари ѓиљирросзанандаро кушод. 
Дар хонаи пур аз бўйи дуд оташдони шод бо саховат гармї мебахшид. Сояи шўълањои оташ дар девори сафеди андовашуда раќс мекарданд. Ў ба оташ наздиктар рафт ва фаќат он дам зани пироњани дароз пўшидаро дид, ки аз бўрёи назди оташдон бархест. Дилашро аз пешомади нохуше гургњои гумон тала карданд. Ќошњои ѓафсаш болои пешониаш љастанд ва он дам аскар ба тарафи ў милтиќашро рост карда интизори фиѓони пурдард истод. Љисмаш шах шуд, мушакњояш таранг гаштанд – њоло, њамин лањза вай кўфтава маљаќ мешавад. Хомўшї њукмфармо гашт. Бо нигоњи пурдањщат хонаро тањќиќ кард, дар рўшноии шўълањои оташ чењраи кўдакони аз гармии оташ лолагунро дид. Ва боз нигоњаш баргашт ба чењраи тарсхўрдаву њайратзадаи зан, ки бо дањшат ба салиби пеши хилъат-ниќоби ў менигарист.
Аскар оњиста милтиќашро поин кард. Чашмони зан ба нигоњи барќвори ў бархўрда, беихтиёр ќошуќи оњании дасташро афтонд. Вай ба оташдон зада чун ѓижжаки тораш кандашуда садое баровард. Зан каси ношиносро равшан медид. Ў дар байни хона рўбарўи рўшної меистод. Љисми таранг кашидашуда, чашмони чун даррандаи ба дом афтода оташин, чашмони бешафќати даррандае, ки њамин лањза ба сайдаш њуљум мекунад. Зан фањмид, ки як њаракати бе эњтиёт, як сухан, њатто сурфаи  дар гулў печида метавонад ин мењмони нохонда, ин вањширо, ки танаш бўйи љангал мекунад, ба хашм оварад. Хомўшї бањои њаёти ў ва фарзандонаш буд. Ва зан ба таќдир тан дод. Ў то њадди имкон ором ва бе садо ба оѓили њамшафат даромад, дарро махсус кушода монд, ки аскар аз њаракати ў бохабар бошад. Ба зону зад ва шир љўшидан гирифт. Ваќте ки ба пой хест, модагов норозиёна маъос зад, гўсола њам хавотиромез нидо кард.
Аскар аз рўймоли сари зан чашм наканда бо ќултњои калон - калон ширро хўрд. Шири нављўшида аз кунљњоии дањонаш шорида ба рўи синааш мерехт. Дар рўйи њавлї нохост саг боисрор аккос зад сипас, гўё фољиаеро пешбинї кард, ки дурудароз уллос кашид. Мард аз хўрдан монд. Ба берун гўш дод. Сипас бо як нафас боќимондаашро дам кашид ва кўзаро ба соњибаш дод. Мушакњои таранг кашидашудааш батадриљ мулоим шуданд. Ў кўшид, ки пояшро болои пои дигараш монад, вале бо ин њаракати беэњтиётона дарди гўё хобидаро бедор карду вай дар чашмонаш барќ зада, аз љигар беихтиёр нолаи хирросии љонгудоз кашид. Зан фаќат як лањза дудила шуд, баъд пешорўйи ў ба зону нишаста, пойафзолашро кашид. Почаи шимашро андак боло карда, поёнтари зону варами пайдошударо палмосида дид, банди зонуро бо ангуштон сахт дошта, пойро пеш кашид. Дарди баъди садои ѓашовари шириќќос задании устухон пайдошуда ўро тамоман бехуд кард. Ў чашм пўшид ва њоло фаќат мешунид, ки зан дар љевон ким-чиро љуста ёфт, боз назди ў омад ва пеши пояш нишаст. Васвасаи наззораи зани дар њоли озод нишастаро аз худ дур карда, ба чизи рўи дастони зан  нигарист. Ў вайро мисли хамир аз як каф ба кафи дигараш партофтан гирифт ва бехотир ба поинтари зонуи Аскар зад, баъд онро эњтиёткорона бо порањои латтаи аз рўйљои рахти хоб кандааш баст ва аз љой хест. Аскар чашмонашро бардошта ба ў нигарист. Њоло дар нигоњи зан илтиљоро не, балки талаби ќатъиро хонд. Ва њарчанд ки тани аз дард нолонаш њанўз ба истироњат зарурат дошт, ба гармии оташдон эњтиёљ дошт, ў оњ кашиду почаи шимашро фаровард, панљаи пояшро бо эњтиёт ба пойафзоли тар даровад, милтиќашро ба китф гирифт ва љониби дар рафт. Аз пушташ хиширроси бўрёро шунид. Шояд зан дубора ба зону нишаст. Ў дигар ба ќафо нигоњ накард ва ѓиљирросзанон пўшида шудани дари хона рафтани ўро тасдиќ кард.

… Борони шохнам мезад. Гулдурроси аз кўчањои ба љањаннам монандшудаи ќишлоќ гузаштани мошинњои љангї садои нўлзании майна ва туќ-туќи эзорсурхакро пахш намуд. Аскар бо кулоњи ба як тарафи сараш фаромада гирди хонаи аз тири тўп вайроншударо гашт ва гаранг шуд. Бо ангуштон рўймоли дар зери тасмачархи танк хоидашударо молиш дода, ољизона ба вайронањои хонаи барояш шинос нигарист, ба маъоси гўсолаи дар оѓили бешикаст зинда монда бетафовут гўш дод ва ногоњ бо ѓазаб рўймолро ѓиљим карда ба як тараф партофт. Вай алвонљ хўрда, парвозкунон поён афтод. Ва аскарбеча ба пеш давида рафт, то ба рафиќонаш, ки љангро дар охири дигари дења анљом медоданд, расида гирад.          
          


Рецензии