Карине Ходикян Этюд перевод на таджикском
Барандаи чандин љоизањо, аз он љўмла, Чоизаи давлатии адабии «Тростники тилло» (барои маљмўаи пйесањо, 1999), љоизаи њарсолаи Иттифоќи нависандагони Арманистон барои пйесаи «Зан пас аз борон» (2002), љоизаи «Артист» барои сањми сазовор барои рушди драматургия (2010), медали ба номи Ф.Нансен (2003). Ба забонњои русї, форсї, фаронсавї, испанї, гурљї, англисї тарљума шудааст.
ЭТЮД
-Ана, бин, - гуфт Мард, -њозир ин ќоѓазњоро месўзонам. Њамаашро. Њатто сањифаи нотамоми охиринашро. Мефањмї?
«Ана, тамом, - фикр кард Зан, – охир ман месўзам. То нафаси охирин. Баъди чунин оташ дигар чї мемонад?»
-Не, -гуфт Зан, - сўхтани коѓаз илољи охирин аст. Ва кори аз њама осон. Вале ин ягон чизро таѓйир намедињад-ку?
«-Албатта, - фикр кард Мард, -коѓази сўхта чиро дигар мекунад? Њатто агар дар вай кушоиши банди аљал сабт гашта бошад».
-Шўхї кардам, гуфт Мард, - ба њар гапи навишташуда ин ќадар љиддї часпидан лозим не. Набошад, тамоми китобу китобхонањо аз саросари љањон нест мешуданд.
«-Не, не, њаргиз,– фикр кард Зан. –Охир баъди оташ њам чизе мемонад. Як чизи хеле муњим ва ба њељ кас нодаркор. Шояд асрори азал дар он бошад?»
-Бале, гуфт Зан. – Хатои ман дар он, ки њељ гоњ ба њарфи ту љиддї назар намекардам. Њамту, оддиякак бовар мекардаму халос.
-«Бале, мањз њамин! – аз дил гузаронд Мард. - Ана њамин «Бовар»-и лаънатї тамоми умедро мекушад. Аз он дар дил њамеша зањри ќотили ѓазаби изњор нашуда ва нашнида такшин мегардад.
-Ана њамин суханро бамаврид овардї - «Њамту, оддиякак» – гуфт Мард. – Аз вай ин љанљоли аблањона андакак маъно мегирад.
«Боз таъна мекунї, - фикр кард Зан. –Ин одати ту. На ба худат рањм мекунї, на ба дигарон. Ва дар натиља ба мо як олам суханњои чун хор халандаи зикрнашуда мемонад».
-Барои чї вожаи «њамтуякак»-ро дастак кардию ба вожаи «бовар» беэътиної? –гуфт Зан. – Шояд оддї карда гўем, њаргиз ба ман бовар надоштї?
-«Чї, чї, -фикр кард Мард. – Инчї мегўяд? Аз куљо донам, ки ин чї маънї дорад. Бовар кардан… ба зан, ба дўст, ба Худованди азза ва љалл… Худоё, наход илољи бе ин калимаи бемаънї зистан набошад?»
-Фарќ надорад, – гуфт Мард, - кўр-кўрона бовар мекардам, ё умуман бовар надоштам. Ин чиро дигар мекунад, ё киро таѓйир медињад? Шояд бас будагист? Ин сафсаттаро ба забон овардан худаш як аблањї.
«- Чи кор кунам? – аз дил гузаронд Зан. –Чи тадбир ****, ки пардаи аз гап бофтаи атрофи ўро дарронам?.. Туфу! Дарвоќеъ, барои чї ин ќадар мелаќќам? Њатто худ ба худ чунон њарф мезанам, ки гўё дар сањна, дар пеши тамошобинон истода бошам. Аз сухан барои худам сипар месозам. Вале ба осонї ин сипар ба доми поям мубаддал мегардад. Ба доми сухан… Вале айби ман чї, ки ў худашро зери суханњои аблањона пинњон мекунад ва ман маљбур мешавам, ки бо суханњои аз он аблањонатар ин пардаро дарронда ба ў наздик шаваму дар ким-куљои он тарафи парда ўро дарёбам?
-Хайр, чї пешнињод мекунї? – гуфт Зан. - Дукаса мењмонї равем, ё шояд ба театр дароем? Ё, бењтараш, дастобадаст дар хиёбони марказии шањр ќадам занему якбора аз нигоњњои тааљубангези шиносњо лаззат барем?
-Ана сар шуд, - фикр кард Мард. - Чаро зан аз љалод њам ќотилтар мешавад, ваќте гумон мекунї, ки худи њозир ба таќдир тан медињад… Боз барои мулоќотњои ниммахфї маро таъна мезанад. Ва боз њам ман гунањгори ягонаи муносибатњои мо мешавам.
-Чаро пешнињод мекунї он чиро ки иљро карда наметавонї? - гуфт Мард. – Наметарсї, ки њозир ба гапат розї мешаваму аз дастакат гирифта, аз байни хиёбони марказї, дар пеши назари умум ќадам мезанем?
– Факат ѓазаб кардан даркор не, аз дил гузаронд Зан, – худро доштан лозим. Набошад, боз моро фазои нешдори суханњои гуфтанашуда мекунад. Умуман, ифодаи хуб - «фазои нешдор». Вале агар ин суханњоро ба забон орам, вай албатта, хафа мешаваду таъна мезанад – Боз сар кардї?.. Чї фикр доштам? Ња, ѓазаб кардан лозим не. Ваќте ќањрам меояд, рўям таранг мешавад, лабам бурма мешавад, ба як ќолаби тунуки хунук мубаддал гашта… расо безеб мешавам. Ња, ана њамин хел. Ман ба вай маъќул намешавам. Медонам, ки маъќул намешавам. Дар ин мавридњо вай ба ман ким чи хел каљ-каљ менигарад. Гўё дар рўйи ман лингак зада, чизеро мељўяд, ё мехоњад дарк кунад… Вале чиро? Дар ин лањзањо дилам танг мешавад, гумон мекунам, ки њозир ягон фољиа сар мешавад.
-Ту аз гапњо чї мегирї? - гуфт Зан. – Мехоњї, ки ман хафа шавам ва туро хафа кунам?
-Ана, чи хел таѓйир меёбад агар ба ѓазаб ояд, - фикр кард Мард. – Вай ба як зани дигари тамоман ношинос мубаддал мегардад. Дар ин маврид ман девона мешавам аз њирси дўст доштани вай, аз эњсоси он, ки вай зани тамоман дигари бароям ношинос аст. Аз ин худро гум мекунам, ба њадде ки фикру зикрам, дилам, тамоми вуљудам шах мешавад, фаќат чашмонам бењаракатона ба ў менигаранду аз дидораш сер намешавам.
- Ту наметавонї, - гуфт Мард. – Ту бењад хашмгинї, хафа намешавї. Ва аз њад рањмдилї, хафа намекунї. Биё, монем ин гапњоро… Аммо барои чї то ин дам аќаллан як бор ба соат нигоњ накардї? Дарки ваќтро гум кардї? Ё мулоќоти имрўзаро давом дода метавонї?
«Чаро мардњо ин ќадар сусту фулуст мешаванд, ваќте гумон мекунї, ки њоло ѓолиб меоянд, - аз дил гузаронд Зан. – Ва њозир ў ба ман ногузир будани људоиро бо таъна изњор мекунад. Вале барои чї? Наход, ки боз ман гунањгор мешавам?
-Кош медонистї, ки чи ќадар монда шудам, - гуфт Зан. – Тазъиќовар аст фикри он ки чи тавр ба њамин як лањза тоќат кунї, то баъди як лањзаи дигар бо тааљљуб аз дил гузаронї, ки чи тавр онро тањаммул кмардї.
«Кош медонист, ки чи ќадар дўсташ медорам ваќте китфони нозукашро хам карда, ба девор такя мекунад ва базўр лаб љунбонда, фалсафаронї мекунад, - фикр кард Мард. - Як умр аз занњои файласуфмонанд ќимоб будам. Вале мехоњам ба чанги суханњои хастањолонаи ин зан дармонам. Ана, худам њам зебо њарф мезадагї шудам. Ба ин сабабгор ўст, ё суханњояш? Аниќтараш, суханњо гунањгор, охир даќиќан медонам, ки онњо аз сустию бешафќатии ман ба бор омадаанд».
-Албатта, - гуфт Мард, - њоло барои худхўрї ва намоиши фикрњои оќилона айни муддао. Ту наѓз медонї, ки ман аз њардуяш њам безор. Мавзуи гапа дигар мекунем.
-Чи ќадар мехоњам, ки вай маро фањмад! Чи ќадар бовар доштам, ки маро мефањмад! – Аз дил гузаронд Зан. – Шояд барои њамин то њол ман ба ин љо меоям… Ана, вай рў гардонд, ба куљое менгигарад ва њељ чизро намебинад, њарисона дуди тамокуро фурў мебараду зањри фироќи эњтимолиро эњсос намекунад. Дар ин дам вай чи ќадар аз ман дур аст! … Вале танњо дар ин сонияњо ман њис мекунам, ки ўро бенињоят дўст медорам, лабонам хушк мешаванд аз интизории бўсаи лабњои вай, сих мезананд аз интизории навозишњои паёпай. Агар ин њамаро ба ў гўям… чї посух медињад? Магар бовар мекунад? Намедонам! На-ме-донам! Вале ба як чиз бовар дорам: вай ба муњаббати ман замоне дилпур буда метавонад, ки мо аз њам дур бошем. Уф, чи ќадар ман нафратангезам. Шукри Худо, вай аблањ будани маро намедонад. Вале мабодо њамаашро донад, чї?
-Розї. Мавзўъро дигар мекунем, - гуфт Зан. – Соат чанд?
-Ана халос, - фикр кард Мард. - Боз њам нафањмида мондам, ки ин саволро кай медињад. Њар дафъа фурсати тамоман ѓайричашмдоштро интихоб мекунад. Ва њар дафъа касе дар гўшам пичиррос мезанад: «Сахт бичасп ва дар оѓўшат то даме пинњон бикун, ки тамоми соатњои љањон занг зананд»… Мабодо ў нафањмад, ки дар каллаи ман чунин фикрњои аблањона гирд мегарданд… Аљиб, он ваќт чи мегуфта бошад… ва бовар мекарда бошад? Вале ман њељ ваќт инро нахоњам донист. Умуман, тасаввуроте надорам, ки вай дар бораи чї фикр мекунад.
-Муњим нест, ки соат чанд,- гуфт Мард. - муњим он, ки ваќти ту тамом шуд. Чун њамеша. Аз тиреза ба берун нигар. Шафаќро бин. Ба чашмони ту чи тавр менамояд?
«Њозир! - аз дил гузаронд Зан. - Худи њозир мехезаму пеши дар меравам! – Мебарояму ба ќафо як нигоњ њам намекунам. Мисли њарваќта. Ба чашмони ман њељ чиз наменамояд. Чунки бодиќќат ранг молидаам, њатто мисли њар занак гириста наметавонам, зеро ки аз ашк рангаш меравад. Аз ин љо ки баромадам, паси айнаки сиёњ пинњон мекунам. Шояд ки ту ин чизака намебинї, вале аз чашми дигарон пинњон карда наметавонам. Хулоса, сужети анъанавї, ё афсонае, ки анљомаш аз аввал маълум аст.
-Барои чї њама афсонањо як хел тамом мешаванд? - Пурсид Зан. – Намедонї? Хайр, майлаш, ту афсонаи худата гўй.
«Меравї, – аз дил гузаронд Мард. – Боз меравї. Ва ман, азбаски дигар намедонам кай мебинем, хунсардона ва бо исрор рўзњои худамро куштан мегирам. Рўзњоеро, ки бе ту мегузаронам. Вале ту намефањмї, ки золимтарин љаллоди рўи заминї. Зеро ки ту маро не, умри бе дидори ту гузарондаи маро мекушї.
-Афсона намедонам, - гуфт Мард. – Ва он чи медонам, ба афсона монандї надорад. Вай як њодисаи хандаовар дар бораи он аст, ки чи тавр ду каси ношинос тасодуфан ба њам вохўрда, нохост дўстони наздик мешаванд. Чунон, ки аз он наздиктар шудан ѓайриимкон аст. Вале имкон дошт, ки онњо вонахўранд.
-Њолати ѓайричашмдошт, – аз дил гузаронд Зан. – Ман аниќ намедонам, ки баъди як лањза вай чи мегўяд, бо кадом сухан ба дилам неш мезанад ва ё бо њамон суханњо ба ситоиш мепардозад. Ана њамин гузаришњои ѓайричашмдошт ба ман ќувва медињад, ки тоќат кунам. Тоќате ки дар рўзњои бе дидори ў зистан зарур мешавад.
-Ман њам як ќиссаро медонам, - гуфт Зан. Лекин вай хандаовар не, рањмовар њам нест. Вай дар бораи он, ки чи тавр дар мулоќотњо шиносњои наздик аз њам дур мешаванд ва хатто нисбат ба мулоќоти аввал бегонатар мешаванд. Вале онњо метавонистанд аз њам људо нашаванд.
-Ња, - фикр кард Мард. – ана инро зан мегўяянд. Охири њамин афсонаро њам медонад. Хайр, чї, аќаллан ба фањмонданњои аблањона њољат намемонад.
- Бин, -гуфт Мард, – њозир ин коѓазњоро оташ мезанам. Њатто як сањифаи охирини нотамомашро њам намемонам.
-Кўшиш бикун, - гуфт Зан, – фаќат сањифаи охиринашро бимон.
*****
Свидетельство о публикации №223032700277