Карине Ходикян Когда секунды... Рассказ перевод на

ВАЌТЕ КИ СОНИЯЊО АЗ ДИЛИ ЊАМДИГАР МЕГУЗАРАНД.

-Кадом шайтон маро ба назди шумо овард! – ќањру ѓазаб ба гулўям фишор дода, ба бинї зада онро асабиёна пир-пир парондан гирифт. – Ман ба ќарор омадам, ки… Дар њаќиќат, хулоса кардам, ки ба таќдирам тан медињам.
Аз нигоњи бетарафонаи пизишки рўбарўям нишаста гулўям ба танг омада чиррос задам.
-Як лањза мани гаранг умед кардам, ки ин мулоќот ким-чиро таѓйир медињад. Аммо њоло мўътаќид гаштам, ки он замон њаќ будам - ваќте ќарор додам, ки ба касе арз накунам. Шояд… ман равам? – Ман бо умеди ногањон дар дилам пайдошуда ба ў нигаристам.
-Равед. – Тамкину оромии ў тамоман акси эњсоси тезутунди ман буд ва аз ин бештар худро њаќир дарёфтам. – Ман ният надорам, ки шуморо зўран нигоњ дорам.
-Набошад, шумо дар ин балохона чи кор мекунед? – Аз чи бошад, ба назарам чунин намуд, ки маро сахт тањќир карданд.
-Ман њам мехостам донам. Хушбахтона, намедонам. – Ў бо назокат хокистардонро назди ман гузошт. – Хўш, гап занед. 
Чї мегуфтам? Аз он, ки хаста шудам? Ки дигар мояи дилхушї намондааст? Ки ваќти сањар аз хоб бедор шудан чунон худам аз худам нафрат мекунам, ки њамоно ба ќаъри фаромўшї фурў меравам? Гуфтани њамаи ин аз њељ чиз нагуфтан бењтар нест. Чунки баъди њамаи суханњои гуфта ман ба худам бо нафрати тамом иќрор шавам, ки ё дурўягї мекунам, ё аллакай дурўѓ мегўям.
-Кай ин сар шуд? – Намедонам барои чї ба назарам чунин расид, ки ин савол ба ман хеле фарањ бахшид.
-Аллакай чанд моњ шуд, - ќоил шудам ман.
-Аниќтараш? – Овозаш даѓал садо дод.
-Пас аз иди мавлуди Исо… Ммм… чи хел? Яъне, фаќат наздики як моњ мешавад? – Ман дарвоќеъ, гумон доштам, ки ин њоли ѓариби ман муддати зиёде давом дорад.
-Њамагї бисту њашт рўз, - зуд њисоб кард ў.
-Ана халос! – Ман њељ  ором шуда наметавонистам. – Буду шуд њамин ќадар? Вале ин њол давом кунад, ба бисту њашт рўзи оянда тоб оварда наметавонам.
-Бовар мекунам.
 Ман ба нишони арзи сипос ба ў нигаристам. Агар ягон тан, аќаллан як нафар ба ин бовар дошта бошад, ман метавонам нияти худро амалї кунам.
-Фурсат меёбед, - нешханд кунде кард ў. Ба њар њол як ташхиси тиббї зиёдатї намешавад. Пас аз он ман ба шумо халал намерасонам.
Расо чор рўз ман итоаткорона азияти њама санљишњои тиббиро гузаштам ва…
-Дарди шумо бе давост. – хунсардона њукм баровард пизишк. - Ман тарафдори њамин усул њастам. Ба дурўѓ тоќат надорам, махсусан ваќте ки ин ба ташхиси беморї дахл дорад.
Ман ягон дардро њис намекардам. Мутлаќо њељ чизро. Ба назарам ин дарди њарина аллакай гузашта, дар ин бисту њашт рўз маро ба худ тобеъ кард. Дар он рўзњо хомўшии ман дањшатангез буд, њатто дар дил бо худам њарфе намезадам. Ва шояд фазои суханњои зикрнашуда ин «њељ»-ро пур мекард.
-Як сол дар ихтиёри шумо. Бовар кунед, ин кам нест, вале чандон зиёд њам не. Зеро ки дардро намефањмед. Њамааш баъди як сол сар мешавад. Ва хеле зуд Фардо мерасад. То вай шумо њељ чизро њис намекунед. Инашро ман ба шумо ваъда медињам.
 Суханњои пизишк дар ким-куљои майнам ќолаб гирифт. Онњо ба суханњои пеш медонистаам монанд набуданд, як бўй, бале бўйи ќариб шамиданашавандае доштанд, вале дарк кардам, ки торафт ѓализтар мешавад ва аз худ дарак медињад.
-Чи хеле ки мебинед, шумо аз хунсардии ман њайрон нестед.
-Не, - бо оњанги дурушт посух дод ў ва њатто ягон нияти дилбардорї зоњир накард.
-Як соли дароз! – овози ман шафќатљўёна садо дод. – Дар ин муддат ман чї мекунам?
-Олиљаноб! Хеле хуб, ки шумо то ба ин фикр расидед. - Духтур зиндатар шуд. – Сол чунон зуд мегузарад, ки нафањмида мемонед. Ва аз њама муњимаш… - Ў сарењан, дудила шуд. - Гўям ё нагўям?
-Муњимтар аз њама он, ки дардро намефањмам. Шумо њаминро таъкид кардан мехостед? – Намедонам чаро ман ба ёрии ў омадам.               
  -Ња-а, - хаёлангез мад кашид ў. Саволи ногуфтааш майнаи маро сўрох кард. – Њар ваќте ки зарур шавад, дар куљое набошам, метавонед ба ман мурољиат кунед. Њарчанд бовар дорам, ки то иди мавлуд мо њамдигарро намебинем.
Ёд надорам, ки чанд рўз дар рўи болин, чашм ба шифти хона хобидам. На гушнагї эњсос мекардам, на ташнагї: хоб будам, дар хоб чизеро мехоидам ва сер мешудам. Ташнагиро дар лањзањои фаромўшї мешикастам: аз куљое чашмаи оби сард пайдо мегашт. Ва њатто баъди бедор шудан њам нешханди хунуки духтур дар хаёлам баланд садо медод. Ман њељ эњсосе надоштам. Фаќат саъй доштам лањзаеро дошта гирам, ки як сония аз дили сонияи дигар гузашта онро иваз мекунад. Чанд бор кўшидам, ки саволи надодаи пизишкро мантиќан дарёбам. Намедонам, чаро, мехостам бўйи онро шамида фањмам. Ин як кунљковии оддї набуд. Як сањар пас аз хоби дурўзаи сахт як бало карда худамро аз диван људо кардаму бўйи ѓализи тоќатнпазир ба машомам зад. Маълумам гашт, ки ќазои њољатро дар хобам нею дарвоќеъ мекардаам… Ба чењраи дар оина аксёфтаам бо муњаббат табассум карда, дурудароз чашмњои хастаашро молидам, рўйи хасташро молидам,  рўйи ягон чизро эњсос накунанда, чашмњои ягон чизро набинандаро… Он љо - дар пеши ойина боз хобам бурд ва дар он лањза он тањввулоти ормониамро дарёфтам. Вай ба мйнаи ман фикре љой кард, ки то иди мавлуд худро бояд ба зиндагї маљбур кунам.         
Хонаро шамол додам, њама пардањоро бо пардаќапакашон канда ба бучкаи ахлот партофтам: ман дигар барои аз назари мардум пинњон шудан эњтиёљ надорам. Њамкорон аз бозгашти ман шод шуданд. Ё шояд дар назарам чунин намуд. Шэф каме ѓур-ѓур кард, вале супорише дод, ки ба завќу дилам мувофиќ буд. Шом дар ќањвахонаи одаткардам гуворо гузашт. Шароб, сўњбати дилнишин, гармии камин – оташдони деворї… Намедонам чанд њафта гузашт аз он рўзе, ки ќасд кардам худро дар ванна ба дор кашам, вале натавонистам. Не, не, бо сабаби тамоман оддї: банд ё ягон чизи ба вай монанд наёфтам. Аммо чангак ёфтам. Хеле мустањкам, бо њалќадавакаш. Ќатрањои об ба обдон афтода, садои баланд бароварда, гўё ба њоли ман механдиданд. Вале ман рўи фарш нишаста, тасаввур  мекардам, ки аллакай худро овехтаам.
Ин њодиса ѓайричашмдошт рух дод: сањар, мисли робот, бидуни ягон андешаву эњсос либосамро пўшидам, ѓизо хўрдам, сипас љониби дар равон шудам. Вале наздик шуда натавонистам. Бале, њар ќадар, ки наздик шавам, баромадгоњ аз ман дуртар мерафт. Чанд соат мисли сайди ба дом афтода худро аз ин тараф ба он тарафи хона задан гирифтам, ким-чиро афтонда шикастам, бе ягон маќсад ба њар ашё назар кардан гирифтам ва њамаашон ба назарам нофањмою бегона менамуданд. Баъд ба дастам коазу ќалам расид ва ман ба навиштан шурўъ кардам. Намедонистам чи менависам, чаро менависам, вале аллакай медонистам: оѓоз шуд замоне, ки њама чизро њис мекунам.
Китоби аввалам њамаро ба њайрат овард, аз њама бештар худамро. Њама нусхањо дар чанд рўзак ба фурўш рафтанд. Ва ман китоби дуюмро сар кардам. Намедонистам чи менависам, аслан кўшише намекардам, ки фањмам. Ба ин ваќт надоштам. Вожањо, иборањо, љумлањо, хулосабарорињои тўлонии мукаммал – худ аз худ пайдо шуда, рўйи сањифањоро пур карда, он коѓазњоро моли таърих мекарданд. Ба танг меомадам аз ин дави эљодї, нафасгардон мешудам аз ин дав, ва танњо пас аз хатми китоби дуюм фањмидам, ки фаќат мехоњам ваќтро фаромўш кунам. Вале бефоида! Мисли њалќаи љодуе буд, ки њар ќадар «Њељ»-и ба атрофам печидаро аз худ дуртар мерондам, њамон ќадар онро шадидтар эњсос мекардам ва баробари он зањри гузарон будани ваќтро бештар њис менамудам. Ман пас гаштам: нависонавис дигар маро сархуш намекард ва машѓул намедошт. Вале навиштанро давом медодам, зеро ки дигар нанавишта наметавонистам. Аз чи бошад, чангаки дар шифти ванна кашол ба чашмам тез-тез менамудагї шуд. Њатто боре ваќти дар долон буданам ба ман чашмак зад, њарчанд дари ванна мањкам буд.
Вай чи тавр пайдо шуд, дар хотир надорам. Кадом як шабнишинї буд. Ваќтњои охир маро ба чунин мањфилњо зиёд даъват мекарданд. Хубиаш дар он, ки њељ ваќт танњо намемонї. Њатман як соњибдили дардшунаве њозир шуда, шаби танњоии каси ноошноро то сањар рангин мекунад. Њељ ёдам нест, ки назди ман ў кай омад, чи хел мо шинос шудем, дар чи хусус њарф задем. Њамон рўз ман тезакак њисоб карда фањмидам, ки њамагї се моњи дигар боќї мондааст. Њоло ман ба азияти соату рўзшуморї наафтодаам, ба ларза намеафтам аз наздик шудани сояи он. Вале њис мекунам, ки Вай ногузир меояд.
Сањар рўйи ўро дар болин дидаму дилам шўрид: зани беному нишони аз кашокаши зиёд  пажмурдаи мўйяш парешон, ки як ќисми шоми маро рабудааст. Чашмамро пўшида, хаёлан ба вай талќин кардам: «Хезу худата аз инља гум кун. Фаќат зудтар». Ин њила њамеша таъсир мекард, вале њамон сањар ин сењри ман ба зан асар накард. Вай дар хоб хур-хур карданро давом дод ва парвои ѓазаби торафт афзояндаи маро надошт. Маъюс шуда, хестам, ба ошхона даромада, ќањваи талх нўшидам. Чанд муддат дар мењмонхона ќадам задам ва оќибат, оташи ѓазабам аланга гирифта, ба ќарори ќатъие омадам, ки њозир аз дасташ кашида аз дар берун мекунам. Вале ваќте ки бо ин ният ба хонаи хоб баргаштам, аз дидани манзараи аљибу ѓарибе шах шудам. Ў бедор мешуд. Зани на чандон љавон мисли кўдак бедор мегашт. Танбалона даст ёзонда, як лањза чашмњоша во кард, вале аз равшании баланд хафа шуд, ки лабњоша бурма кард ва дубора дидањояшро пўшид, бо љуссааш њаракати мормонанде карда, дар љогањ ќулайтар љой гирифт ва ѓанаби пешинаашро барќарор кард… Ана, гарданаш беќувватона як тараф ѓељиду боз мардумаки чашмаш рўшанї дод ва ў батамом бо сапедаи сањар ќањрї шуда, болинро оѓўш кард. Бо эњтиёт нафас кашида, саъй кардам, ки њар як њаракати ўро ба ёд гирам, шукри худоро кардам, ки ба дидори чунин зане мушарраф гардондааст. Вай мисли кўдак аз хоб бедор мегашт. Ёд дорам, ки чи тавр ман ба ў наздик шудам ва бо њиссиёти баланди то ин дам падид нагашта, вале он дам дар рўйи дастонам њозиршудаи мењрубонию навозиш ўро оѓўш кардам. Ин лањза худ як мўъљиза буд.
Китоби сеюм дар бораи њардуи мо шуд. Ман аз норасоии ваќт нафастанг мешудам. Рўзњо гўё девона шуда бошанд, аз таќвим тез-тез канда шуда худро нобуд мекарданд. Ман девонавор худро гоњ ба мизи корї мезадаму гоњ ба оѓўши ў. Њардуяшон аз интизорї бетоќат шуда рањи маро мепоиданд: ќабул карда, гирдогирди чархи даввори бешафќат чарх мезанонданд. Онњо ба њам рашк надоштанд, вале нафрати тарайфайн беохир буд. Охир майл ба яке баробари гум кардани дигаре буд. Вале ман аллакай љилави ваќтро даст гирифта будам. 
Мисли саги аз занљир канда иди мавлуд наздик мерасид. Торафт масрафшавии худро шадидтар эњсос мекунам. Охир мебоист китобро хатм намуда, оташи ишќи худро хомўш кунам. Ў њељ чиз намегуфт. Ба ростї, ўро дар њоли гуфтор ёд надорам. Мо ба сухан эњтиёљ надоштем. Сухан барои китоби ман зарур буд. Дастнависамро ба лифофа андохта, суроѓаи нашриётро навиштам. Баъд мо дар остона оѓўш кардем. Ў њељ чиз нагуфт. Наѓз дар ёдам њст, ки вай њамеша хомўш буд ва он дам њис кардам, ки њамин хомўшии ўро ман дўст медоштам. Ваќти ба ман додашуда барои суханронии ў хеле нокифоя буд. Зан  калидро ба ман доду рафт. Ман лифофаро фиристодаму нафаси сабук кашидам.   
-Дар њаќиќат, ин як сол номаълумакак гузашт ва хеле дароз шуд, - ман ба нигоњи бетафовути ў бидуни ѓазаб табассум кардам. – Се китоб…
-Дута, - аз зери айнак чашмонашро нимпўш карда, маро ислоњ намуд ў.
-Сета, - боз њам мењрубононатар табассум кардам ман. – дар бораи сеюмаш ба наздикї огоњ мешавед. Ва боз як зан буд, ки мисли тифли бегуноњ аз хоб бедор мешуд. Маълум гашт ки вай…
-«Буд» не, «њаст» гўед. – норозиёна маро ислоњ кардан хост ў.
-Буд, - бо таассуф табассум кардам ман. 
Хомўшї ташвишомез дароз шуд ва беихтиёр чашмони ман нимпўш шуданд. Гўё чун пуружаи соат таранг шуд ва њамин њоло мекафад.   
 -Шумо чиро интизоред? - бо њайрат пурсид ў.
-Шумо хато накардед, дард набуд. Мехоњам, ки баъд аз ин њам набошад. Яъне ки… як сол гузашту… - Ман ољизона дар сухан дармондам.
-Мефањмед, - эњтиёткории одатии ў гум шуда ба остини хилъаташ панља кашидан гирифт. – Гапе ки њоло мегўям, шуморо ба дањшат меорад, вале ман њаќ њастам. Зеро ки оќибати кор хуб аст.
Зоњиран, нигоњи ман аз њад зиёд бефањмона буд, ки вай тамоман худро гум кард.
-Њамагї як сол пеш шумо дар ин љо менишастед. Ёдатон њаст? Шумо як латта будед, њељ будед ва шуморо майзадагї ё худкушї интизор буд. Зеро ки шумо хаста шуда будед. Шона бинед, хаста шудааст! Аз чї? – ањли толори тасаввурї ба нутќ кардан ўро далертар мекард. – Аз њаёт! Оњ, агар медонистед, ки чи ќадар ман ба њамаатон нафрат дорам! – Ў ба ман бо чашми таќиќ нигарист. – Бале, шумо баринњоро, касе ки дард надорад вале хаста мешаванд аз кадом як эњсоси ташвишангез. Монда мешаванд Аз чї? – Аз зистан! Бо ангуштњои ларзон ў ѓаладони мизро кофта як каф њаб гирифта ба дањон партофт ва бе об фурў бурд. –Њар рўзи худо як гала одамњо ба ман бо як хоњиш илтиљо мекунанд: аќаллан ба муддати чанд соат дарди онњоро сабук кунам. Вале охир ман њам мисли онњоям. Ман њам бо ќуввати дору мегардам. Мефањмї, дар бораи чї мегўям, њой мављуди кундфањм. Беморе ки њар рўз ба дард бе садо, ба ашки њасрат тоќат мекунад, мегиряд њамон ваќте ки нохост дард карахт мешавад. Зеро ки мефањмї - дард њам монда мешавад, мехоњад, ки фаромўшаш кунанд. Ту бошї… - Буриши рўяш аз нафрати ошкоро каљу килеб шуд. – Ва ман њазл кардам, њазли мудњиш.
-Њазли мудњиш?
-Мудњиш! Бале! Гуфтам, ки дарди ту беилољ аст, бемориат табобатнашаванда. Э, ман сад фоиз бовар доштам, ки ту ба худкушї ќодир нестї, љуръат надорї. Чаро? Зеро ки намедонї дард чист, боре њам эњсос накардаї он дарди љонкоњро, ки љисмро ба сад ранг печутоб дода, худаш ва беморро ба коми нестї мебарад… Тўњфаи ман олињимматона буд: як соли њаёт. Натиљаашро бин: куљо шуд хастагии тану љони ту, ки мисли мурдаи шабмонда вонамудат мекард? Дар як муддати кўтоњ чусту чолоку бардам шудї…
Нохост майнам равшан шуда, чанд њарфи муаммо, ки дар торикии он пинњон шуда, бароварданашон то ин дам даст намедод, берун омаданд. Вале бўйи ѓализе бароварданд, пайваста он бўй зиёдтар шуда, ба димоѓам, гўшњоям, дањонам љой шуда, сипас берун љаст ва саропои маро печонда гирифт.
-Гумон доред, ки ба шумо рањмат мегўям? – Луќма партофтам ман ва кўшидам, ки аз бўйи ѓализ нафасгардон шуданамро ў пай набарад.
 -Ду… Не - се китоб! Зане, ки буд… Не, балки њаст…  Њамаи ин ба як ташаккур намеарзад?
  -Ба арзи як ташаккур? Не. Вале барои чизи бештар - ња. Мефањмед? – Аз дилам гузашт, ки вай умуман маро мефањмида бошад, ё не. – Ња, онњо китобу зан аз мананд, аммо ин њама – дар гузашта буд.
    Давом додани сўњбат бе маъно буд. Бе ин њам мо хеле пургапї кардем, ба якдигар сухани бисёр гуфтем.
Дар ванна аз чангак арѓамчинак кашол буд. Товба, вай аз куљо пайдо шуд? Ња, ба ёдам омад: бандро њамон занак оварда буд. То пайдо шудани ў гумон доштам, ки фаќат зани ягон сирру асрор надошта метавонад либоси таги худро пеши чашми дигарон хушконад. Ман хато накардам. Ва ин бандаки эзоркашолкунаки он зан њоло мутааллиќ ба ман аст.
Пеш аз он ки ба њалќадаваки дор сар халонам, аз ванна ба хона нигаристам. Ана, мизи хатнависии ман,  коѓаз, ќалам, такякурсии дўстдошта, сихњои љўроббофї ва як тўбча пашми боќимондаи зан. Аз ванна, аз таги дор ин манзара басо аљиб намуд. Дар кунљи дилам як лањза фикре љило дод: шояд ин њамаро, ки чанд соат пеш аз даст дода будам, дубора ба худ баргардонам? Вале дар лањзаяке аз ин фикр даст кашидам. Аллакай хастагии кушанда дасту дили маро баста буд. Сониян, ба он розї шуда наметавонистам, ки он нигоњи шишавор  сард ѓолибона табассум кунад.
Пеш аз он, ки арѓамчинак маро бурд, фурсате шуд, ки аз майнаам ин фикр гузашт: бояд хатчае мемондам, ё дар сањифаи охирини китобам ин љумлаи аљибу ѓарибро менавиштам: «Њаёти пас аз зиндагї – марг аст».
Аллакай як поям ба он љо расида, бори дигар ин фикр аз дилам гузашт вале афсўс нахўрдам. Ман аллакай медонистам: ѓайриимкон аст гуфтани њама гапњо ба касони дар њаёт зиндагї кунанда, ва он шарт њам нест.          
   


Рецензии