Мунтасир драмаи таърихи

МУНТАСИР

ИШТИРОККУНАНДАГОН:
Нўњи II
Абўиброњими Мунтасир.
Ситора.
Фоиќ.
Арслон Илоќи Наср.
Њорис.


Дар сањнањои умумї сарбозон ва дарбориён, халќ.












Воќеањои солњои 992 – 1005 милодї.










Сањнаи торику сокит. Нолаи гургону шаѓолон. Вале дар хомўшии сангин оњиста садои нолаву оњи халќ, њузни бењад ва фољиаи замони суќути Сомониён баланд шудан мегирад. Дар сањнаи торик Нуре падид меояд. Абўиброњими Мунтасир дар даст машъал пеш меояд ва ба њамсафонаш мурољиат мекунад. Дар тани ў либоси љангиву силоњ.
Мунтасир – Ман барои шумо омадам, ай њамдилон. Барои наљоти шумо омадам, ай њаммењанон. Барои истиќлоли комили шумо омадам, ай тољикон, ай ворисони Оли Сомон! Бубинед, ки охирин ќасрњои Сомониён месўзад, бахти мову шумо месўзад, ќисмати халќи мо месўзад, ояндаи тираи мо месўзад. Барои баќои тани хастаи мењан, барои баќои тољикон мебояд, ки мо – мардон бо хам биёем, ва ба раѓми душмани аљнабї силоњ гирем ва бо тани худ, бо нурии худ бо хуни худ собит кунем, ки њоло тољикон зиндаанд, ки њоло тољикони ориёї тавоноянд, ки њоло бахту саодати дар дасти ќавист. Мардуми аз зулму истибдоди ќарахониёнбадодомадаи Самарќанду Бухоро, Ѓазнаву Хуросон, Љаѓониён, Хатлону Бадахшон, Хўљанду Чоч , Истаравшан, Фарѓонаву Исфиљоб интизори мо њастанд. Шумо њар кадом бо дастури додаи мо субњгоњон зери ливо њозир шавед. Пагоњ дар саросари Мовароуннањру Хуросон офтоби наве тулўъ мекунад: офтоби озодї ва истиќлоли комил ва ин офтоб аз нерўи њар яки мо нур мегирад. Бикўшем, то њама кулфату хорї, њама ранљу азоб, њама нозу неъмат, њама айшу роњат фаромўш кунем ва њама нури офтоби мењан навеем. Љои мардони мард корзори мењан аст.

Гўянд маро зи худ чї рў хуб насозї?
Манзилгањи ороставу фарши мулавван?
Бо наъраи гурдон чї кунам лањни аѓонї?
Бо пўяи аспон чї кунад Маљлиси гулшан?
Асп асту силоњ аст маро базмгоњу боѓ,
Тир асту камон аст маро лолаву савсан.
Њама - Асп асту силоњ аст маро базмгоњу боѓ,
Тир асту камон аст маро лолаву савсан!
Мунтасир – Љўши маю  Нўши лаби соќї ба чї кор ояд?
Љўшидани хун бояд бар айбаву љавшан.
Њама -Љўши маю  Нўши лаби соќї ба чї кор ояд?
Љўшидани хун бояд бар айбаву љавшан!
Чанд нафар як – як назди Мунтасир љамъ меоянд. Бектузуни  пир дар слибоси љандаи дарвешї меояд.
Бектузун – Худоё, аз сухани ту бўи Бухоро меояд, аз шеъри ту садои муѓанниёни хушилњон, шеаи шоирони Аљам меояд, аз сурати ту симои родмардони Сомонї бармеояд. Ту кистї, ки ин ќадар барои мењан месўзї?
Мунтасир – Манам Абўиброњим ибни Нўњи Сомонї, бо тахаллуси Мунтасир, охирин мард аз хонадони Сомониён.
Бектузун – Шукри бењад, ки ба дидори ту расидам.
Саљда мекунад.
Мунтасир – Бархез ай пири равшанзамир. Ту кистї?
Бектузун – Дарвешам аз хоки Сомониён. Замоне соњиби бахти комил будам ва њоло дарвеши фаќир. Туро љутам, ки барои озодии мењан кўмаке расонам. Њоло њам дар љони ман рамаќе њаст, ки барои мењан фидо кунам!
Мунтасир – Офарин! Пири равшанзамир. Бархез.
Бектузун – Ќиссањои туро бисёр шунидам. Мањз ту  - Мунтасир тавонистї, ки ливои Оли Сомонро баланд бардорї, мањз ту тавонистї, ки ду маротиба арслони Илоќи Насрро аз Бухоро ронї ва ба номат танга сикка зананд. Ту њатто Нишопурро озод кардї, бо Мањмуди Ѓазнавии ѓосиб љангидї, борњо Лашкари љаррори ќарахониёнро маѓлуб кардї. Ва њоло бори Чањорум дар наздикии Бухоро ќарор дорї. Иншооллоњ, ѓалаба насиби туст, эй амир Мунтасир. Он замон фуќарои Мовароуннањр фмрефтањои ваъдањои ќарахонї гашта туро аз сидќ дастгирї накарданд. Аммо имрўз њама аз фанди онон огањанд ва интизори ту мебошанд.
Мунтасир – Ташаккур.
Бектузун – Аммо Бигўй, амири љавонбахт, аз чї мо ба ин рўз расидем? Чаро бахти Сомониён ба ин сурат нагун гашт?
Мунтасир – Ин ќиссаи дуру дароз аст: љањолати њокимони худї, њисси носолимї њукмравоии волиён, нобоварї ба хонадони Сомонї, талошњои байнињамдигарї ва хиёнатњои бузурги вазирони дарбор. Афсўм…. (Сањна муттасил хомўш шуда суханронии Мунтасиру Бектузун нопайдо шуда дертар сањна равшан мешавад, ки дарбори Сомониён аст. тахти амир дар сањна мудом  меларзад, чарх мезанад ва њамеша гирдаш одамони рўяшон торик мекўшад ба вай соњиб шаванд). Сад афсўс, ки ними мардуми тољик бо бањонаи ненњзати ќаромита ба нисфи дигараш душман шуд, Фарѓонаро амакбобоям Исњоќ људо карда ба номи худ танга сикка зад, Хатлону Бадахшон дар амал сињибихтиёр монданд. Амакбобои дигарамИброњиб ибни Ањмад барои Љаѓониён ошўб бардошт  ва њарчанд шикаст хўрд, иттифоќчии ў Абўалии Љаѓонї ба Чаѓониён ва дертар  Хуросонро соњиб шуд. аз ин њол сарлашкарони пурќуввати турк истифода бурданд ва сипањсолор Алптегин ба нисфи мулки Сомониён соњиб шуд ва хиёнат кард. Дар чунин вазъи шадид барои ќабилањои кўчии ќарахонї – ќарлуќњо, яѓмоњо ва дигарон мулки бо зањмати ниёгон сарсабзу хуррам кардаи Сомониён дастурхони пурнеъмати бекадхудое гардид. Њокимону сарлашкарони худї њам аз ќатор дур шудан намехостанд. Махсусан, тахайюл ва макри сарлашкарон Фоиќ ва Бектузун дар ављи аъло буд. Вой бар њоли давлате, ки њокимони нонунамакхўрдаи худї яѓмогари мулку даъвогари тахт шаванд….

НАМОИШИ I
 Бухоро. Соли 992 – уми милодї. Дарбори Сомониён мулоќотгоњи махфии ашхоси гуногуни худиву бегона гардидааст. Тахт меларзад. Њар як дарборие, ки аз назди тахт мегурад, ба тахти бесоњиб дасте расонида њавои онро дар сар меандешад, гўё устувор мекунад ва бо Умеди ширин меревад. Нињоят Бектузун меояд, тахтро ба таври худ дуруст мекунад.
Бекутузун – Тахти Бухоро, тахти бузургтарин давлати замон аст, вале чаро аз ман нест? Бо ин аќлу хираде, ки маро ёр аст, кайњо бояд ин курсї љавлонгањи Орзуву умедњои ман мегашт. (Бо эњсоси амиќе дар тахт менишинад). Бектузун амр мекунад…. Бектузун мехоњад…. (Касе тозон меояд, Бектузун аз тарс љањида дар ќафои тахт пинњон мешавад, вале мебинад, ки вай духтари худаш Ситора аст). Ситора?! Куљо метозї, сайёраи иќболи ман?
Ситора – Назди шањзода Абўибрањим.
Бектузун – Нагз, духтарам. Вале бештар бо Масур бозї бикун.
Ситора – Чаро? Мансур бадќавоќ асту беилтифот. Абўиброњиб мењрубон асту фаќат бо шеър сухан мегўяд.
Бектузун – Бале, аммо валиањди аввал бояд Мансур бошад. Чун Мансур ба сари тахт ояд., Абўиброњим дигар тахтро дар шаби хобаш бинад.
Ситора – Чаро? Намефањмам, падар. Ман меравам.
Бектузун – Хуб аст, ки намефањмї. Бирав, осуда бош, вале бикўш, ки дили Мансур ба даст орї. Ман мекўшам, ки ту хушбахт бошї, њама талоши ман аз барои туст, духтарам, офтоби ягонаи тобони ман.  Бирав осуда бош.
Ситора – Хуб ба њар оина, назди Абўиброњим меравам. (Меревад).
Бектузун – (Боз назди тахт меояд). Танњо як нафарсадди роњи ман шуда метавонад: њољиби бузург Фоиќ. Вале ман ўро барои худ истифода барам. Ана, худаш меояд. Гўсфанд бо пои худ назди ќассоб ояд. Омади кор хуб аст.
Дуртар рафта аз самти муќобил гўё тасодуфан меояд ва гўё тасодуфан Фоиќро мебинад., ки назди тахти холї бо таъзим истодааст. Фоиќ ба тахт таъзим карда арз мекунад.
Фоиќ – Ман аз дилу љон дар хизмати туям, эй тахти Оли Сомонам, вале њамарўза хазинам аз макри душман, гардиши ќисмат, носипосии амир. Чї мебояд маро?
Назди тахт меравад. Бектузун меояд.
Бектузун – Дурурд, ба њољиби бузург.
Фоиќ – Ња, туї, Бектузун? Дар њама љой њозиру нозирї, маро таъќиб мекунї. Боз чї мехоњї аз ман? Ту бењуда назди ман намеої. Чї мехоњї?
Бектузун – Њељ. Мехоњам арзи њамдардї кунам, љалолатмаобо.
Фоиќ – Арзи њамдардї? Чаро? Таъзияте надорам. Баръакс, ту танњо аљали маро хоњонї ва њарчи зудтар. Ба љонам расидааст макру њаљли ту. Бигўй….
Бектузун – Љалолатмаобо, ман њазинам аз носипосї нисбат ба шумо ва хизматњои олишоњони шумо. Афсўс, ки ба ќадри шумо намерасанд, вагарна шумо кайњо бояд њокими нисфи ин мулки беканор мешудед.
Фоиќ – Рост мегўї? Дурўѓ њам бошад мефорад.
Бектузун – Ѓояти беадолатист, ки сайёд шумоеду сайди шумо бо коми дигарон меравад. Ва аслан, амирони сомонї резахўри хони шумоянд, ва аљзи беадотаист, ки дидаро нодида мегиранд ва ёде њам аз он намекунанд, ки ин њама хону  молу манол бо дасти шумо бо ранљу машаќќати беамсол аз кўњу дашт гирд оварда шудааст, аз њар пораи нону рони гирдовардаи шумо Оњанги тозиёна, зарби шамшер  бар сари нохалафон меояд, танњо шумо метавонед сина сипар карда ба Лашкари бемадори амир иддату озуќа расонед, аспу шамшер расонед, амирро ба ѓалабањои нав расонед. Ин њамаро ман мебинам, ки бандаи шумоям ва њазин мешавам, ки аз њар ноомади кори давлат ба шумо ранљу озоре мерасад. Ман борњо ин њолро ба амир арзи дошта, вале душманони шумо дар ин даргоњ зиёданд ва арзи ман  бељавоб монд чун љарас дар биёбони нопайдоканорон. Ва то њол мебинаму месўзам, ки шумо мањрумедаз тахту њам аз бахт.
Фоиќ – (Оби чашмашро тоза карда). Ман ѓуломбача будам ва ятим калон шудам, аз навозиши падару модар мањрум будам ва њар сухани дилсўзона дар њаќќи ман диламро об кунад. Бори аввал аз ту чунин сухани нек шунидаам. Бубуахш, ки туро то њол душман пиндоштаме. Бифармоям, ду уштури сурхмўй бароят њадя баранд.
Бектузун – Шукргузорам, њољиби бузург.
Фоиќ – Афсўс, ки дар ин даргоњ касе чун ту ќадри маро надонад.
Бектузун – Чун ќадри шумо намедонанд, худ намоиш бидињед.
Фоиќ – Чї гуна?
Бектузун – Ба ёд ор, ки бист сол пеш ќадри сипањсолор Алптегинро Сомониён надонистанд ва ў ба таѓаллуб Ѓазниро гирифт, кя ќисми Хуросону Њиндустонро гирифт ва њокими мутлаќе шуд ва њоло писархондаш њокимияти тамом дорад.
Фоиќ – Хайр, чї?
Бектузун – Шуморо амали бештаре мебояд.
Фоиќ – Хўш.
Бектузун – Њоло, ки Сомониён байни худ талош доранд ва душмани азиме аз хориљ њамлагар аст, шумо метавонед сабук ба  тахти кулли давлати Сомониён соњиб шавед. Чизе ба шумо халал нарасонад.
Фоиќ – Ин чї сафсатта?! (Шамшер мекашад). Маро санљидан мехоњї?!
Бектузун – На. Ин соат гардиши ќисмат ба коми шумост ва Худованди Азза ва Љалл бо забони ман ба шумо асли њолро иброз медорад. Ин соат – соати саодати љовидонии шумост. Истифода баред, ман хизматгори шумо.
Фоиќ -  На. Намешавад.
Бектузун – Чаро?
Фоиќ – Модари ман канизак буд.
Бектузун – Чї фарќе?
Фоиќ – Ман аз дудаи Оли Сомон нестам!
Бектузун – Ин мутлаќо ањамияте надорад.
Фоиќ – Аз ду сар аъёну ашроф ќабул накунанд. Чун эшон ќабул накарданд, њокимият рондан ѓайриимкон гардад.
Бектузун – Аъёну ашроф танњо зўрманду тавоноро ќабул кунанд. Ва шумо зўру тавоноед.
Фоиќ – Бале. Имрўз воќеа чунин аст.
Бектузун – Вале Фардо ќуввањо метавонанд дигар шаванд. Амал кунед.
Фоиќ – Вале бо чї њилла? Бо чї бањона? Ба таѓаллуб тахтро бигирам?
Бектузун – На. Ин њол боиси хандахариши мардум шавад. Шумо бо сухани ман гўш бидињед, ки илољи њал беилољиро танњо ман ёфта тавонам.
  Фоиќ – Бигўй.
Бектузун – Шумо огоњї доред, ки имрўз ќарахониён Фарѓонаро гирифтанд ва ба сўи Бухоро њараркат мекунанд. Дар сари роњи онњо Сипањсолори мо аЯљ истода, аммо бемадор асту беозуќа. Шумо пагоњ озуќаву иддати тозаро ба ў нафиристед. Бо њамин сипањсолор Аяљ  муњорибаи навбатиро бой медињад ва мову шумо Буѓрохони ѓолибро  аъзои тамом ба Бухоро мехонем. Асли њол дар мактуб нишон медињем ва пояндоз мегузорем ва Диззак то Бухоро. Буѓрохони ѓолиб аз амали мо шод гардад ва шуморо њокими кулли Мовароуннањру Хуросон юикунад.
Фоиќ – Њељ коре аз хиёнат нест.
Бектузун – Дар љанг баъди ѓалаба хиёнаткоронро ашхоси дурандеши миллат шуморанд. Осуда бошед.
Фоиќ – Хиёнат ошкор шавад чї?
Бектузун – на. Ошкор нахоњад шуд, зеро ки ин њама дар ѓами љони худ асту љилаву ќисмат дар дасти танњо шумову ман. Бо иљозаи шумо ин мактубро и соат ба Буѓрохон мефиристем, аз номи њардуямон.
Фоиќ – Чї мактубе?
Бектузун – Арзи садоќат ба Буѓрохон, шарњи њоли сипањсолор Аяљ ва даъват ба Бухорои бемуњофизат монда, ва дарвозаро кушодани мо.
Фоиќ – Ба ман дењ.
Бектузун – Марњамат.
Фоиќ – Олї. Инро ба амир Нўњ нишон бидињам, то ту хиёнаткорро ба љазои сазовор расонад. (Аз гулўи Бектузун мегирад).
Бектузун – (Механдад). Њоло њам соддаї, љалолатмаобо. Ин мактуби охирини ман аст ва дер ё зуд Буѓрохон ворид шавад ва Бухоро ва чун марди аз амири Сомонї љафокашида амале дињад ба ман ва ба ќањру ѓазаб гирифтор кунад шуморо, њољиби бузургвор, Фоиќ!
Фоиќ – Чаро мањз ба ман ќањру ѓазаб кунад?
Бектузун – Зеро, ки ќисмати муњорибаи фардоина дар дасти шумост. Агар шумо озуќаву Лашкари нав фиристед, дар симои шумо вай танњо љанговари мухолифро мебинад. Эњтиёт шавед.
Фоиќ – Рост мегўї, лаънатї. (Гулўи ўро сар медињад).
Бектузун – Чунин мењисобем, ки мо њамдигарро санљидем –а?
Фоиќ – На! Ту љиддї мегўї. Боварї дорї, ки чизе њосил шавад?
Бектузун –Њарки бикушад, ба маќсад бирасад.
Фоиќ – Танњо якеро нафањмам: Чаро худ накушї? Ва чаро мањз маро ба ман иттифоќ хонї?
Бектузун – Шуморо њаќќо ба ман зиёд аст: шумо маро тарбият кардед, шуморо маро ба дарбор овардед, ва дили ман њамеша бар шумост, ки хизмат зиёд мекунеду навозиш кам мебинед. Ин хизмати ман поси намаки шумост. Вагарна садњо хоњишмандон њастанд. Ин тахтро танњо шумо арзанда њастед. Ва ман танњо барои шумо роњ мекушоям.
Фоиќ – Хуб, чунин мењисобем, ки бовар кардем, љалолатмаобо, аммо ба сидќ бигўед, ки аз инсавдо ба шумо чї расад?
Бектузун – Пойбўсии шумо. Хайр, агар ихтиёри Хуросонакро ба сифати инъом медодед, банда то охири умр дуогўи шумо будаме.
Фоиќ – Иштињо бад нест: нисфи мулк бар ивази як хиёнатча.
Бектузун – Танњо нисфаш. Кулли давлат бо ману Хуросон њамроњ ба ихтиёри шумост. Хўш, розї њастед, ки ин мактубро аз номи њардуямон ба Буѓрохон фиристам?
Фоиќ – Розигї? Барои амири кулли Мовароуннањру Хуросон шудан? Танњо девона аз чунин бахт рўй гардонад! Бифирист!
Бектузун – Кушоиши кор. Омин. Оллоњу Акбар!
Фоиќ – Оллоњу Акбар!
Бектузун – Амири ман шавї.
Њарду – Оллоњу Акбар!
Фоиќ – Дабири ман шавї!
Њарду  - Оллоњу Акбар.
Садои њарбу зарб аз муњорибагоњ. Нолаву фарёд. Ќатлу куштор.
Дар сањнаи нимсояву нимравшан Фоиќу Бектузун пайдо шуда ба њам даст медињанду бо ханда оѓўш мекунанд. Дастони њарду аз хуни мардум сурх шудааст. Нолаву фарёди мардум ва хандаи Фоиќу Бектузун. Хандаи девонавори онњо дигар садоњоро пахш мекунад.

НАМОИШИ I I
Њамон љо. Амир Нўњи II меояд. Фоиќ, Бектузун наздаш меоянд.
Нўњи II –  Чаро Лашкари зафарёри мо аз Буѓрохони кўчї шикаст хўрд? Њанўз сад сол пеш љадди ман Нўњи аввал ва Исмоили Сомонї танњо бо ѓозиёни Самарќанду Бухоро кўчиёнро њазор – њазор мегирифтанд ва мусалмон мекарданд. Имрўз дар ќламрави Оли Сомон 500 њазор дења мављуд аст ва агар дења яктогї сарбоз дињад бо аспу силоњ, ин лашкар хониёнро то худи Билосоѓуну Ќошѓар фирор кунонанд ва хоку тўроб гардонанд. Вале Лашкари сипањсолор Аяљ шикаст хўр. Чаро? Ин хиёнат аст, ё тасодуфи ќисмат, ё ягон балои дигар?
Бектузун – Зиндагонии малик дароз бод, маълум корест: мулки Оли Сомон дар њаќиќат бузургу тавонову беохир аст, аммо чї кунем, ки ихтиёри вилояти Хорозму Исфиљоб, СиистонуГарљистон, Љузљону Ѓазна, Чаѓониёну Хуталон, Рашту Бадахшон дар ихтиёри мо нест. Њама њокимон, ки соњибихтиёрї мехоњанд, лашкару озуќа намефиристанд. Њатто Лашкари волии Хуросон Абўалии Симљўрї ба мадади Аяљ наомад.
Нўњи II – Лашкари Абўалї кайњо бояд ба Бухоро мерасид. Паймон њосил шуда буд.
Фоиќ – Абўалї хиёнат кард. Вай мустањаќи њама гуна љазост.
Нўњи II – Бо волиёни худї баъдтар њисобї мекунем. Њоло рафъи хатари Буѓрохон муњимтар аст.
Бектузун – Бале,  малики бузургвор. Буѓрохон дар наздикии Бухорост.
Нўњи II – Њанўз Лашкари мо кофист, ки њама гуна душманро маѓлуб кунад. Танњо сипањсолори мувофиќ зарур аст. Кї имрўз Лашкари маро сарварї кардан тавонад?
Фоиќ – Шањзода Абўиброњим аз њама мувофиќ аст. вай аз устодон камонварию аспсаворї омўхтааст, љасур аст, гарм аст ва њама лашкариён дар тањти фамрони ў љуръати бештаре пайдо мекунанд.
Нўњи II – Чаро Шањзода ва чаро мањз Абўиброњим?
Фоиќ – У худ даъвогари сипањсолорист. Аз ман хоњиш кард, ки хоњиши ўро ба шумо арз кунам.
Нўњи II – Бародари бузургаш Мансур чї гўяд ба ин? Абдумалик чї андеша бикунад? Маълум, ки њама дар орзуи тахти падар њастанд. Абўиброњим, ки гарму љасур аст, мехоњад дар набард ном барорад ва осон ба тахт соњиб шавад. Вале ин боиси ошўбњои нав шавад дар хонадони мо. Фаромўш накунед, ки њар гоње аз хонадони Сомониён тире ба синаи хешовандон мезанад, ин тир ба шонаи миллат мерасид, бахти мардуми тољ тираву нопайдо мегашт, тахти давлати бузурги тољикон ба ларзар меомад, умри давлату давлатдориии тољикон кўтоњ мегашт, ќисмати халќ пора – пора мегашт. Магар фаромўш кардед, ки амакбобоњои ман Исњоќу писараш Муњаммад Фарѓонаи бузургро аз мо људо карданд ва имрўз аз Буѓрохон ба осонї шикаст хўрданд?! Амакбобои дигари ман Иброњим ибни Ањмад барои ба даст овардани Чаѓониён бо њокими он њамроњ шуда шўриш кард, оќибат як пораи мулк комилан ба дасти чаѓониён гузашт ва аз хонадони мо рафт, њатто маљбур шуданд,ки Абўалии Чаѓониро як муддат њокими кулли Хуросон таъин кунанд. Имрўз њама тахт мехоњанд, њама њокимият мехоњандж. Ва ман нагузорам, ки хоки порагаштаи тољикон боз њам пора шавад! Магар дар мулки мо дигар мардони кордидаву љасур намонданд? Сипоњиёни зиёде аз хони мо умре нон мехўранд ва имрўз марде намондааст аброи њимояи ин хон?!
Бектузун – Њаст, малики бузургвор. То замоне, мо зиндаем, тахти Сомон дар Амон буд. Моро амали фаврї мобеяд ва марди донову огањ.
Нўњи II – Кист чунин марди  донову огањ?
Бектузун – Њољиби бузург Фоиќ аз њама љињар арзанда аст. ва танњо ў моро ба Пирўзї расонад.
Фоиќ – Ман?!
Бектузун – (Бо ишораи хоса ором карда). Бале.
Нўњи II – Фоиќ? (Лањзае андеша мекунад). Марди асил аст. Бигузор чунин шавад. Њарчи аз хазина лозим аст, бигир ва Буѓрохони кўчиро аз мулки мо Бирон.
Фоиќ – Ба чашм.
Нўњи II – Шумо њарду тадбири лашкар кунед. (Ба муњофизаш Њорис). Мо њарду бо шањзодагон машварат кунем, то балои дигшаре аз дохили хонадонаи    сар назанад.
Њорис – Ба чашм.
Нўњи II ва Њорис мераванд. Фоиќ ва Бектузун расми таъзим ба љой меоранд. Пас аз рафтани амир Фоиќ боз аз гулўи Бектузун мегирад. Фоиќ – Ин чї хиёнатест, ки дар њаќќи ман кардї?!

Бектузун – Мансаби нав муборак! Сипањсоли бузург!
Фоиќ – Ту маро назди Азроил фиристодї?!
Бектузун – На, ман роњи тахти Бухороро ба шумо кушодам. Аминам, ки баъди футуњоти бузург амири бузугвор хизмати каминаи камтаринро фаромўш нахоњанд кард.
Фоиќ Ин хизмати хирсона аст, ё њукм ба љањаннам?!
Бектузун – Банда фаќат дуогўи шумо њастам, то љони шумо эмин бошаду Хуросонакро ба мани осї бубуахшед.
Фоиќ – Кифоя аст забоњої! Маро ба зери пои аспони Буѓрохон фиристодї ва боз Умеди мукофот дорї?!
Бектузун – Шукр мебояд, Фоиќ. Агар инони лашкар ба дасти шањзода Абўиброњим ё Каси дигар меафтид, дар кори мо љиѓилњо меафтод.
Фоиќ – Абўиброњим ба зудї сари худро ба бод медод ва ба дўши мо танњо кушодани дарвозаи Бухоро ба рўи Буѓрохон мемонад.
Бектузун – На. Шањзода ба осонї маѓлуб намегашт ва зарбае њатман ба Буѓрохон мезад ва Буѓрохон – бузурогни давлат дар ѓазаб мешуд ва тадбири мо барњадар мерафт. Ва агар шањзода ба тасодуф ѓолиб гардад, амир шавад ва хиёнатњои мо ошкор кунад ва моро Амон надињад.
Фоиќ – Ту соњибтадбирї, вале буздил. Бо сифат чї гуна њоким шавї?
Бектузун – Чун лашкару хостаи зиёде мутеъи ман бошад, аз касе натарсам тадбир кунам ва њукм ронам ва ин кори ман мањз аз ту бар ояд.
Фоиќ – Вале охир ман бояд зидди Буѓрохон лашкар кашам?!
Бектузун – Бале.
Фоиќ – Кї кафолат медињад, ки Буѓрохон маро ќатл намекунад?
Бектузун – Ман.
Фоиќ – Ба чї њилла?
Бектузун – Мувофиќи маслињати мо, шумо дар Работи Малик хайма мезанед ва бо бањонаи назорати талояи пеши Буѓрохон меравед. Вазъиятро мефањмонед ва њамроњ ба Бухоро меоед. Њамса наќшањои мо дар ин мактуб иншо шудааст.
Фоиќ – Ќоилам. Њамааш бо кўчактарин љузъиёт маслињат шудааст.
Бектузун – Пирўзии насиби мо хоњад шуд.
Фоиќ – Намефањмам, чаро худат сарлашкар нашудї, то њокими кулл шавї?
Бектузун – Ман марди љангї наям, чашмонам хира аст, ва идораи кулли мулки Сомон бар ман гшаронї кунад. Ба ин танњо шумо ќодиред.
Фоиќ – Осуда бош, Бектузун. Аз ин сайди ман ба ту устухонњои сергўшт мерасад. Танњо бикўш, ик дер намонї ва дарвозаи Бухоро худи ту ба рўйи ману Буѓрохон бояд кушої! Дар паноњи шайтон бошї? (Меравад).
Бектузун – Ба чашм. (Пас аз рафтани ў). Њоло мебинем, ки гўшт ба кї мерасаду устухон ба кї! Ин тахт насиби ман хоњад шуд!
Ќоњ – ќоњ зада механдад.
Садои нолаву оњ, шамшерзанї, сўхтори бузуре, шишињаву пойкўбии аспњо. Бектузун гоњ пайдову гоњ нопайдо даст ба њам зада механдад.


НАМОИШИ III

Њамон љо. Нўњи II, Бектузун, њорис.
Нўњи II – Тамоми мардумро ба љињоди зидди кўчиён даъват кунед. Ба љочињо фармоед ба халќ мурољиат кунанд, ки Лашкари ѓосиби Буѓрохони кўчї ќасди мулки мо дорад. Ба ёд оред, ки амирони Сомонї ба шумо чї гуна мењрубонињо даоштанд. Инак, душмани азиме тањдидгар аст ба мењани мо! Имрўз шуморо лозим аст, ки ба мо ёрї кунед ва алањи душман биљангед! Љињод барои баќои дини мубини ислом! Љоњод барои Оли Сомон! Љїњод барои мењан! Љињод!
Њама – БА чашм!!!!
Нўњи II ва Њорис мераванд.
Бектузун – Инро њам мо пешбинї кардаем. Ба фаќењон мактуб фиристем, ки ин љињодро куфр шуморанд ва бигўянд, ки љињод алайњи кофирон кунанд, вале хониён худ мусулмонанд. Агар хониён бо Сомониё дар роњи дину мазњаби дигаре низоъ медоштанд, бар зидди онњо љангиндан савоб мебуд. Чун њоло нобуд дар талоши неъмати дунё задухўрд ба мал омадааст, худро нобуд кардан Раво намебинем, зеро ки мо барои неъмати дунё сар теѓ додани мусулмононро Раво намедорем!

Бо ханда меравад. Садои нола, садоњои хоси љанг.
Абўиброњими љавон аз дасти Ситораи тарсхўрда гирифта мебарад.
 

Мунтасир – Куљо мешитобї, эй парї?
Ситора – Туро мељўям, Абўиброњим. Ин чї ѓазаби Худост, ки бар сари шањри мо мебарад?! Вале агар њама санг бар шањри мо борад, дилам мехоњад, ки бар ту особе нарасад ва дар пањлўят мани бечора њам бошам.
Мунтасир – Ташаккур, Ситораи бахти ман.
Ситора – Хайрият, ки туро саломат меьинам. Гуфтанд, ки душмани азим ба сўи Бухоро њаракат дорад. Тарсидам, ки ту њам ба љанг рафтаї.
Мунтасир – Афсўс, ки падар рухсат надод.
Ситора – Хайрият аст. сад шукр. Ман хоби баде дидам, аз тадбири вай ољизу њайрон будам. Њазорон шукр, ки баофият мебинамат.
Мунтасир – Чї хобе дидї, эй Фаришта?
Ситора – Дар хоб дидам, ки як турки бадвоњимаи пир туро  ба комаш фурў мебарад. Аз њароси љони ту нафањмидам, ки он бало кї буд.
Мунтасир – Бепарво бош. Агар  ту бо ман бошї, агар дили ту бо ман бошад, маро ягон кас кушта наметавонад. Ин ќатраи ашки ту бењтарин неъмати олам ва боэътимодтарин сипари љони ман аст.
Ситора:
Чашмам зи ѓамат ба њар аќиќе, ки бисуфт,
Бар чењра њазор гул зи розам бишукуфт.
Розе, ки дилам зи љон њамедошт нуњуфт,
Ашкам ба забони њол бо халќ бигуфт.
Мунтасир – Сарфарозам, ки ашки софи ту аз ќалби софи ту огањї дод.
Ситора – Шармандаам. Шояд, ки дили ту бар дигаре буд.
Мунтасир:
Эй хубтар зи пайкари дебои арманї,
Эй поктар зи ќатраи борони бањманї.
Он љо, ки мўи ту њама барзан ба зери мушк,
В – он љо, ки мўи туст, њамеша барањманї.
Андар Фурот ѓарќам, то дида бар манат,
В – андар бањори њуснам, то ту бари манї.
Ситора – Ташаккур, ай Худованди мењрубон. Дигар армоне надорам.
Мунтасир – Шукр, ки дар ин рўзи мањшар ва ба шарофати он хоби рањмонии ту ман тавонистам аз дили ту, фариштаи осмонї огањї ****. Шукр аз он мекунам, ки ту њастї. Тассалои дили ман танњо туї.
Ситора – Абўиброњим, ќавл дењ, ки дар ин рўзњои мушкили љанг худатро барои ман эњтиёт мекунї.
Мунтасир – Ќисмати ман дар дасти Худованди Азза ва Љалла аст,  аммо муњаббати ту маро аз њама баду бало эмин дорад. Ба ин ман бовар дорам.
Ситора – Савганд мехўрам, ки њамеша дуои љони туро мекунам.
Мунтасир – Ман њам.
Ситора – Савганд мехўрам, ки дар њама њолат бо ту хоњам буд.
Мунтасир – Ман њам савганд мехўрам, ки барои ту љонамро фидо мекунам.
Ситора – Ман њам!

Сањна торик мешавад.


НАМОИШИ 4
Њамон љо. Нўњи II, Бектузун, Њорис.
Нўњи II – Њама тадбир андешида шуд, то зидди ѓосибони кўчї халоиќ бархезад: лашкар комилан тањия шуд, олиму шоир бо илму фарњанг мекўшанд, Њаким Фирдасї таърихи тољиконро достон мекунанд. Кисоии Марвазїѓазалњои зебо менависад. Њатто ибни Сино китоб мепурсад барои мукофот. Дар илми таъриху фалсафа, фиќњу мусиќї асарњои нави илмї меофаранд, дар синаи мардум ќонуни маърифат меафрўзанд. То даме, ки ин шамъи хирад дар дили тољикон фурўзон аст, касе  ононро маѓлуб кардан натавонад ва ин халќу ин забону ин давлат то љовидон баќо хоњад монд. Агар хиёнате ё балои ногањоние аз ќисмат насиб нагардад.
Бектузун – Бале, малики бузургвор.
Нўњи II – Аз вилоятњо чї хабар. Аз куљо ёрї расид?
Бектузун – Мустаќилият ва тахтро мехоњанд.
Нўњи II – Баъди дафъи хатари Буѓрохон бо ў гуфтугўї кунем.
Бектузун – Шамшери амирам буро бошад. Дигар ба онњо Оман набояд дод. Иншооллоњ, на танњо амаки хоин, балки тамоми душманони амирам зеру забар хоњанд шуд! Омин, Аллоњу Акбар!
Муњофиз Њорис меояд.

Њорис – Зиндагонии малик дароз бод…
Нўњи II – Зудтар арз бикун, хабари хотимаи љангро интизорам.
Њорис – Амири бузургвор…
Нўњи II – Буѓрохони фосиќ то куљо фирор кард?
Њорис – Лашкари мо… дар назди Работи Малик…шикаст хўрд.
Нўњи II – Сипањсолор Фоиќ… ќањрамонона кушта шуд?
Њорис – На. Мувофиќи хабарњо, Фоиќ ба тарафи душман гузаштааст ва њоло њамроњи Буѓрохон ба тарафи Бухоро равона аст.
Нўњи II – Худоё, Магар чунин шуданаш мумкин? Ба ў чї намерасид?
Бектузун – Табиати вазирони кўрнамак чунин бошад. Ў мўљиби ќатл аст.
Нўњи II – Бале. Аз Абўалии Симљўрї ва Лашкари Хуросон чї хабар?
Њорис – Ў барваќт бо Буѓрохон забон як карда будааст. Бинобар он махсус Лашкари Хуросонро ба имдод нафиристод.
Нўњи II – Ба Симљўрї Расул фирист ва Бигўй, ки агар зуд лашкараш ба имдод наояд, маъзулаш кунам ва аз мулк Биронам.
Бектузун – Ба чашм. (Мебарояд). Њама кор Табъи дили мост.
Нўњи II – Худоё, хиёнат аз пайи хиёнат. Ин чї рўзи нањсест? Ин ќадар вазирони хоин кай дар хонадони мо гирд омаданд? Агар Фоиќ ба тарафи Буѓрохон гузашта бошад, пас, дар тамоми ин фосила то Бухоро Буѓрохонбе ягон мамоният меояд. Ин ѓояти шармандагист. Ба Ќасри Мўлиён меравем.
Њорис – Малики бузургвор, сари Лашкари душман ба дарвозаи Бухоро расидааст. Ќасри Мўлиён низ ногузир ба дасти Буѓрохон гузарад.
Нўњи II – Не – е – е!!! Ќасре, ки нишемангоњи амирони олам буд, саисхонаи роњзанњои кўчї мегардад?! Рўди Мулиён, ки илњомбахши базургтарин шоирони љањон буд, обхўраи шутурњои ќарахонї мегардад? Не! Не! Не!
Њорис – Малики бузургвор, чї кунем, ки гардиши ќисмат на бар коми мост. Вале ин муваќќатист. Даври гардун ба як зайл нагардад. Боре љадди шумо Нўњ бинни Наср низ дар Омул паноњ бурда ва аз он љой Бухороро идора карда буд. Шуморо низ ьадбир чунин мебояд, муваќќатї ба Омул мебояд рафт.
Нўњи II – Ман кадхудои ин ќасрам ва постбони кулоњи миллат! Мисли муш дар маѓоќ пинњон нашавам. Маро силоњу аспу майдондорї мебояд, на фирор! Ба ман аспу силоњу љавшан биёваред!!!
Њорис – Малики бузург ин мулк мењани њамаи мост. Маслињат он бењ, ки шумо аз Омул давлатро идора кунед ва мо бандагон хизмат кунем. Мо ба душман Амон надињем ва Бухороро барояшон љањаннам гардонем!
Садои ѓалоѓўлаву њарб аз назди ќаср.
Нўњи II – Ин садои чист? Хиёнати нав?
Њорис – На, давоми хиёнатњои пешин: хоинон танњо дарвозањои шањр, балки дарвозаи ќасрро низ кушодаанд. Зуд мебояд рафт.
Нўњи II – Худоё…
Њорис – Бо роњи наќб меравем, амирам.
Зўран шоњро кашола карда мебарад. Роњ аз ќафои тахт ба наќби махфї мебарад. Пас аз чанде Бектузун, Фоиќ, насри Илекхон меоянд.
Бектузун -  Ва инак, тахти Оли Сомон пешкаши шумо. Пирўзї муборак!
Арслон – Ташаккур. Хизматњои шуморо Буѓрохони бузург ќадр хоњад кард. Вале амир Куљост, ки њадяи бузургтарин аст?
Фоиќ – Куљост амир?
Бектузун – Њоло њамин љой буд. Биљўед! Дур нарафтааст!
Арслон – Тодаме, ки амир дар озодист, ѓалабаи мо комил нест.
Фоиќ – Бепарво бошед. Њамин њоло даст гиремаш.
Бектузун – Ба њар њоле, Бухоро дар дасти шумост, тахти Оли Сомон дар дасти шумо, кули Мовароуннањру Хуросон дар дасти шумост. Чунин Пирўзї дар тўли 150 сол ба касе муяссар нашудааст. Ин пирўзии комил аст!
Фоиќ – Њаќќо, ки чунин аст.
Бектузун – Ва мо ба шарафи ќудуми хони бузург Буѓрохон базми Пирўзї оростаем. Марњамат ба базми Пирўзї!
Фоиќ – Марњамат.
Бектузун – Умедворем, ки хизматњои моро ба хони бузург гўшрас мекунед ва моро аз мукофотњои сазовор мамнун мегардонед.
Арслон – Њоло ваќти мукофоти амал расидааст. Меравем.
Мераванд. Ду сарбоз мемонанд. Яке мўзаро кашида ќумашро ба тахт зада тоза мекунад. Дигаре нос кашида ба Пояи тахт туф мекунад, силоњашро рўи тахт партофта хоб мекунад. Тахт меларзад. Нолаи модар.
Њорис – (Худ ба худ). Њар аз дасти ман омад, кардам. Њоло назди малик мебояд рафт, ки танхост. (Аз наќби ќафои тахт рафтан мехоњад вале ин манзараи нохўшро дида дилаш ба шўр меояд). Аблањ! Љоњил! Њайвон! Оё медонї, ки ин тахти бузургтарин давлати замон аст?! Лаънат ба хоинон! Лаънат ба ин рўз! Лаънат ба ѓосибон! Лаънат! Лаънат! Лаънат!
Якеро бо шамшер зада мекушад, дигареро маљрўх мекунад. Њама огањ мешаванд, чанд аскари хониён ва Бектузун, Фоиќ, Арслон меоянд.
Фоиќ – Доред ин девонаро! Љосус аст!
Бектузун – Зинда доред!
Фоиќ – Бирав дурустар ташхис бикун.
Бектузун – Мукофотњо гирифтањо бираванд. Ба мо чї?
Фоиќ – мукофотњо њанўз дар пеш.
Бектузун – Воќеан, шумо воли – айн шудед: њам Балх њам Тирмиз дар фармони шумост. Муборак шавад.
Фоиќ – Ин мукофот нест, ин тањќир аст.
Бектузун – Ношукр набош, бањои як хиёнат кам нест. Сомонхудот њам аввал волии Балху Тирмиз буд, ва њоло 150 сол аст, ки Оли Сомон њукмрон аст. ту њам бикўш ва Оли Фоиќро њукмрони тамоми олам гардон. Ба шумо хиёнатњои нав орзу мекунам.
Фоиќ – Ба ман Балху Тирмиз кам аст!
Бектузун – Бале, вале аз чї бошад, ки бањои хиёнатњои мо аќалан ба саисхонае наарзид.
Фоиќ – Ман арз кардам. Буѓрохон ваъда додааст. Аммо аз Абўалии Симљўрї андеша дорад. Охир  ў њам ба Буѓрохон кўмак расонидааст. Хон ба ту мукофоти сазовор хоњад дод, сабр бикун.
Бектузун – Ба њар њол, мукофоти амал надодан оќибати хуб надорад.
Фоиќ – Осуда бош ва сабр пеша гир. Мукофот дар пеш аст.
Сипоњиён Њориси дар љанги нобаробар маљрўњшударо меоранд. Ќувват лањла ба лањза тани ўро тарк мекунад. Андомаш хунолуд.
Бектузун – Ту кистї?
Њорис – аљали шумо хиёнатпешагон!
Фоиќ – Шинос менамояд. (Ришу мўйлабашро меканад).
Бектузун – Њорис?! Чї мељўї?!
Њорис – Шуморо мељуям, то ба љазо расонам. Марг ба хонон! (Шамшери якеро гирифта ба њуљум мегузарад, сипоњие дар байн медарояд, ва дастони Њорисро мебанданд).
Бектузун – Тамоман девона аст!
Њорис – Лаънати мењан бод бар шумо!
Бектузун – Замона дигар шуд, девона. Юо равиши об њаракат мебояд.
Фоиќ – Ту бо мо бош то аз мукофот мамнун шавї.
Њорис – Гумон накунед, ки дар Бухоро танњо хоинон мезиянд! Дар Бухоро мењанпарастони асил низ њастанд! Ва мо ўро чун гавњараки чашм эњтиёт мекунем! Вале шуморо намаки мењан кўр хоњад кард!
Фоиќ – Мо низ барои эњтиёт кардани љону моли мардум бо Буѓрохон њамкорї мекунем. Ва ў ба мо мансабу маснад бахшидааст, то њамаи шуморо Амон бахшем.
Њорис – Барваќт шодї мекунед! Њамаи шумо мањкумшудагони ќатл њастед, нафрини асрњову наслњо бар шумост!
Бектузун – Њорис, ту марди оќилї, бењуда бо мо ситеза мекунї. Мо офияти туро мехоњем. Хайр як сулола бо сулолаи дигар иваз шуд. Пас, чаро мо њама – фозилонуц донишварони замон кушта гардем? Мо хоњони онем, ки њама ањли хирад, сиёсатмадорони бузургро наљот бахшем. Ту њам бо мо биё, ба мо хизмат бикун ва зиндагї бикун, љасорату хиради ту сазовори он аст, ки зиндагии шоњонае дошта бошї.
Њорис – Бар ивази кадом хиёнат?
Фоиќ – Њељ хиёнате лозим нест. Кифоя он аст, ки ту марди љасуру хирадмандї. Хайр, агар лутфан Бигўй, ки амир дар куљо пинњон шудааст, мукофоте хоњї гирифт, ки аз Сомониен њаргиз нахоњи гирифт.
Њорис – Мукофоти олии ман – марги шумост, хоинони мењан аст!
Бектузун – Илова бар ин, њокими Бухоро будан низ зара надорад?! Ман хоњиш мекунам, ва Буѓрохони бузург чунин маншур дињад.
Њорис – Чунин дастур њаргиз аз љониби Буѓрохон иншо нахоњад шуд! зеро, ки њоло хон дар Дами љон кандан аст. зеро, ки ман бо дигар мењанпарастони асил дар косаи шўрбои ў зањр андохтаем!
Фоиќ – Чињо мегўї, бадбахт?!
Бектузун – Ту ба вай зањр додї?
Њорис – Бале.
Фоиќ – Зуд шоњро огоњї дењ!
Бектузун – Хуб. (Шитобон меравад).
Фоиќ – Савганд бихўр, ки дурўѓ мегўї?!
Њорис – Савган  мехўрам, ки ќарзи мењанро иљро кардам!!!
Фоиќ – Худоё, акнун чї мешавад? Њамааш барбод рафт!!!
Бектузун тозон меояд.
Бектузун – Рост мегуфтааст: ањволи Буѓрохон дар њаќиќат вазнин, рангаш парида аз њуш меравад, бемадор аст. зањр додаанд.
Њорис – Бале, кореро, ки бояд Лашкари бузурги Сомониён бо сарварии ту иљро мекард, оби одии Бухоро бо дасти чанд мењанпарастон ба осомн расонд. Ќисмати шумо низ чунин хоњад шуд!!!
Фоиќ – Не – е – е!
Њорис – Бухорову Оли сомон ба осонї насиби касе намешавад!
Бектузун – Лаънатї!
Њорис – Афсўс, ки шуморо бо дасти худ ба њалокат расонида натавонистам. Афсўс!
Фоиќ – Бо касофатии ту, ман њокими кулли Мовароуннањр нашудам!
Бектузун – Бо касофатии ту Хуросон аз дасти ман рафт!
Њорис – Нола кунед, ки тамоми мењан аз даст наравад!
Арслони Илоќи Наср омада наззора мекунад.
Фоиќ – Барои Мовароуннањри аз дасти ман рафта!!! (Ханљар мезанад).
Бектузун – Барои Хуросон, ки бо касофатии ту соњибаш нашудам!
Ханљар зада Њорисро мекушанд.
Арслон – Бале, чунин мебояд. Мо меравем. Лашкару корвон омода кунед, њама зару зеварро бор кунед.
Фоиќ – Ба куљо?
Арслон – Ба Ќошгар. Обу њавои Бухоро ба мо мувуфиќ нест.
Бектузун – мо чї кор кунем?
Арслон – мо бо шумо боз вомехўрем. Ман ба Бухоро  бармегардам, вале бо Лашкари дигар. Ва шумо ба ман лозим мешавед. То боздид.
Сањна торик мешавад.
ПАРДА.


ЌИСМИ II

Дарбори амир Нўњи II, Бектузун ва шоњзода Абўиброњими Мунтасир. Бектузун бо ашку њасрат ќисса мекунад.
Бектузун – Малики бузургвор, ин ќисса барои ман гарон аст, Сангин аст ва њар гоње, ки симои Њољиби хос њорис пеши назарам ояд вуљуди маро оташи ќасос аз душмани хориљи фаро мегирад. Кош ба љои Њорис маро мекуштанд! Љавонмарди асиле буд. Охирин суханаш то њол дар гўшу дилам акси садо медињанд ва беохир такрор мешаванд: Њољиби хос дар рўи дастони ман љон медод, ва њангоме, ки ќуввати танаш намонд, гуфт, ки ин косаи зањрро аз тани ман ба Буѓрохон бидењ, ки танњо ту ба ин ќодирї. Ману ту, Бектузун юарои мењан љон медињем, вале ин зиндагонии љовидона аст. (Мегиряд). Маро бубахш бузургворо.
Нўњи II – Шарафи абадї бар њољиби хоси мо Њорис. Худованд ўро маѓфират гардонад ва шоистаи љаннат кунад.
Бектузун – Њољиби хос имрўз зиндатар аз њазорон ашхоси солимее, ки ба мисли Фоиќ умре аз хони Оли сомон луќмањои лазиз бардоштанд, вале дар соати санљиш хиёнат карданд.
Нўњи II – Бале. Ту шањзода, абўиброњим ин ќиссаро шунидї. Оё ту њам метавонистї чунин рафтори наљибона кунї?
Мунтасир – Албатта падар.
Нўњи II – Офарин.
Бектузун – Кош ман мемурдаму ў зинда мемонд. Дар он, ки мањз ман Буѓрохонро аз хоки Бухоро дафъ кардам, дасти ќисмат аст ва ёди Њорис.
Нўњи II – Бале. Ба дўсти содиќи мо Бектузун шањри Нишопур дода шавад!
Бектузун – Сипосгузорам, амири бузургвор. (Ба як тараф). Вале аслї, аз он шукр кунам, ки амали ман пўшида монд. Аммо Нишопур хеле кам аст, кам.
Мунтасир – Падари бузургвор, дар рўзњо бисёр касон љавонмардї зоњир кардаанд ва мебояд, ки….
Нўњи II – Дар хусуси беодобињои шумо низ шикоят карданд. Барои чунин густохї њољат набуд ва бар шумо рухсат њам набуд. Аммо шумо ќисмати хонадонро дар хатар гузоштед ва ба сифати айёрон корњои љосусї кардед, ва корњои бузурги ин бузургонро халалдор кардед.
Мунтасир – Ин њама љавонмардї барои мењан буд….
Нўњи II – Кифоя аст, аствонию љунун. Ту даъвои сипањсолор шудан дорї?
Мунтасир – Ин Магар гуноњ аст?
Нўњи II – Чаро мањз сипањсолор ва чаро мањз ту?
Мунтасир – Дар Воќеаи рўзњои охир њам вазирону амирлашкарон хиёнат намуданд. Наљоти хонадони Сомониен танњо аз дасти мо бар ояд, танњо мо тавонем ба љон ин мулкро муњофизат кунем. Ва дигар он, ки аз устодони њўнари набарду илми мардонагї омўхтам. Ба ман бовар бикун, падар.
Нўњи II – Дар ин хонадон ќоида њаст, ки фарзанди бузургтар валиањд шавад. Њар гоњ, ки ин ќоида вайрон шуд, дар мулк ошўбњо бархост. Ту медонї, ки њоло бародарони бузургат Мансур ва Абдумалик гўш ба сухани мо дода интизори њукми ман њастанд. Агар туро сипањсолор баргузинам, ногузир валиањд ту шавї. Ин боиси ошўби ними ашхоси дарбор бар зидди ту шавад, ин босис таќсимоти нави мулки кайњо порагашта шавад. Нисфи мулк туро шаваду нисфи дигараш Мансурро. Сипас абдумалик бар зидди њардуи шуо бархезад. Он гоњ занљири ќисмати шум дароз шавад ва ин хонадон баќо намонад. Аз ин љост, ки ман хуб мулоњиза кардам ва инак, њукми ман чунин аст: Шањзода Мансурро валиањди худ эълон мекунам! Мансур пас аз сари ман амир шавад!
Мунтасир – Нек бошад.
Бектузун – Муборак шавад!
Нўњи II – Ихтиёри сипоњу мулкро бошад, ба дасти писархонди собиќ сипањсолори падарам Алптегин – ба Сабуктегин месупорам.
Мунтасир – Ба Сабуктегин – њокими Ѓазна? Чаро мањз ба ў?!
Нўњи II – Дар њаќиќат, ба бисёр амирлашкарон боварї намонд. Ва аз барои дафъи балоњои худї ман Сабуктегинро аз Ѓазна ба ёрї хондам. Мувофиќа њоисл шудааст ва ў ба љанги зидди хониён баромадааст.
Бектузун – Оњ, оќибати кор шум хоњад шуд барои ман. Ммм…нек аст.
Мунтасир – Чї љои некист, ки мањз падархонди ў Алптегин бо љадди мо хиёнат кард ва нисфи мулкро ба таѓаллуб гирифт. Алптегин мулки Сомонро бори аввал пора гардонд. Ва Сабуктегин њам дасти рости ў буд.
Нўњи II – Дар ин воќеа вазирони мо низ гунањгор буданд, ки ќудрати ўро нодида гирифтанд ва ўро зидди падари ман шўрониданд.
Мунтасир – Ба туркон эътимод нест, падар.
Нўњи II – Бо ин ѓазабе, ки ба турокн дорї, чї тавр ба духтари Бектузуни турк дил бастаї? Пас, он муњаббати самимї нест?!
Мунтасир – Ситора? Турк аст? ман боре дар и н хусус фикр накардаанм. Њамин ќадар донам, ки зодаи фуќарои њамин ќаср аст. дигар коре надорам.
Нўњи II – Бале дўстиву рафоќат сарњаду миллат надоард..
Мунтасир – Ам мо бо дасти душман  бахт ба даст овардан муњол аст.
Нўњи II – Кифоя. Агар ба касе бовар кардан нашояд – ин ин фарзандони Оли Сомон аст. мо ањд бастем бо аъзои собиќи хонадон, бо дўстони дерин. Ки нахуст Фоиќро ба љазо расонем ва сипас хониёнро адаб дињем. Мовофиќи ањди мо њоло Сабуктегин аз дарёи Ому гузашта бо 20 њазор нафар Лашкари љаррораш бо Фоиќ дар набард аст. дере набошад, ки бо хабарњои хуш Табъи моро шод гардонанд.
Мунтасир – Оќибати кор бо  душмани дерин хатар дорад.
Нўњи II – На!!! Душмани деринро дўст гардонидан њунар аст! (Меравад).
Бектузуни бори аввал њайрон  ба Мунтасир бо тааљуб наздик мешавад. Гирдаш  тўб хўрда гўё тори макр метанад.
Бектузун – Ман њазинам аз ин носипосии падар. Ту ќањрамонї, љавонмардї зоњир кардї, аммо ба љои мукофот љазо гирифтї. Афсўс, ки сипањсолор ту нашудї, валиањд нашудї. Ин њама туро сазовор буд!
Мунтасир – На. Ман чунин даъво надорам.
Бектузун – Ту њоло мебини, ки њукми падар чї оќибатњои шум барои  ту хоњад дошт: дўстон аз ту људо шаванд, ќаринон ба ту душман шаванд, њатто дилбару маъшуќаи ту аз рўй мегардонад.
Мунтасир – Чаро?
Бектузун –Зеро, ки онњо дар симои ту валиањдро мебинанд, амири ояндаро мебинанд, вале њоло ту њељ шудї. Њама аз ту рўй гардонанд.
Мунтасир – Њатто Ситора њам?
Бектузун – Албатта. Бубахшой, шањзода, њарчанд, ки вай духтари ман аст, бепарда мегўям, ки табиати њама заифон чунин аст ва аз он туро огоњ мекунам, ки ба ту рањмам меояд. Њайф шудї, шањзода. Њайф шудї, ай шоири шуљоъ, ай алломаи замон!
Мунтасир – Кифоя аст сафсатта! Ба ман чизе лозим нест! (Меравад).
Бектузун – Тир ба нишон расид, хуни гшарми љавонаш ба љўш омад, њоло аниќ аз пайи Ситора меравад, вале ман духтарамро пинњон кардам, зеро, ки пешакї њис мекардам. Њоло мактубе нависам барои валиањд Мансур ва њиллае кунам.
Мактубе дар ду сатр менависад ва аз њуљра пас Ситораро меорад.
Ситар – Ин Оњанги пурасрор ба чї лозим?
Бектузун –Тахт меларзад. Душманон зидди шањзода Абоиброњим Мунтасир ошўб мекунанд. Зуд ин мактубро ба бародари ў Мансур бирасон, то, ки аз бало эмин монад. Њарчи зудтар! Набояд касе донад, ки ин мактубро ман навиштаам. Агар касе пурсад, гўй, ки худат навиштаї.
Ситар – Хуб падар.
Бектузун – Касе меояд. Ман аз ту фаврї бояд људо шавам.
Зуд меравад. Ситора ба тарафи муќобил меравад, ва бо Мунтасир дучор мегардад. Шод гашта аз супориши падар фаромўш карда пешаш рафт.
Ситора – Салом Абўиброњим.
Мунтасир – Туї, Ситора? Куљо мешитобї? Ба сўи бахти худ, ё ба истиќболи ман? Ё дар сар фикри дигаре доштї?
Ситора – Хаёли ту маро ором намегузорад. Ва ба назди шањзода Мансур мешитофтам, то аз бало рањо кунам…
Мунтасир – Ту њам ба назди Мансур мерафтї?
Ситора – Охир чунин лозим донистам.
Мунтасир – Пас, ту њам хабар дорї?
Ситора – Бале, огањ њастам.
Мунтасир – Ва ту њам назди Мансур мешитобї, на ба нази ман?
Ситора -– Магар чунин салоњ нест?
Мунтасир – (бо андўњу њасрат). Бале, бале. Чунин мебояд.
Ситора – Ба ту чї шуд? Чаро рангат кандааст, шањзода?
Мунтасир – Охир ту аз њамааш бохабарї. Ба назди Мансур бошитоб.
Ситора – Ман наметавонам туро дар ин њол танњо гузорам. Биё, њамроњ равем, ё туро чорае беем.
Мунтасир – Ин ќадар мењрубонї ба ман чарост?
Ситора – Зеро, ки ту ба љои љонам њастї, ба дил наздикї. Сухане намеёбам, ки њама эњсоси маро бар ту ифода кардан тавонад.
Мунтасир –  Пас, ту аз њељ чиз хабар надорї?
Ситора – Њамин ќадар донам, ки ба љони ту хатаре тањдидгар аст.
Мунтасир – Аз кї шунидї?
Ситора – аз падар.
Мунтасир – Њммм…. Чаро аз шањзодагон мањз маро ихтиёр кардї?
Ситора – Ин майли дилам. Вале дил ба дасти ман нест.
Мунтасир – Боз барои он, ки ман шањзодаам –а? ва Фардо шояд малик шавам – а? ва Фардо писари ту њам малик шавад – а?
Ситора – Девона! (Ќањр карда рафтанї мешавад).
Мунтасир – Исто. Ту хабар надори, ки бародарам Мансур валиањд таъин шудааст. Ва ман малик намешавам?!
Ситора – На аз ин хабар надоштам.
Мунтасир – Пас, бидон, ки воќеа чунин аст.
Ситора – Ба ман фарќе нест. Магар ту аз њамин њазинї?
Мунтасир – Аз макри туркон алњазар. Ту кадом ќабилаи туркї?
Ситора – (Бо њайрат). Модарам аз ќабилаи оѓўзњо, ки туркмонаш гўянд.
Мунтасир – Падарат чї?
Ситора – Падарам њам турк аст.
Мунтасир – Пас, ту њам туркї?
Ситора – Ман аз он рўзе, ки худро шинохтаам дар хонадони шумоям ва миллат бароям ањамияте надорад. Миллати ман – муњаббати туст. Дигар аз чизе хабар надорам.
Мунтасир – Ба Мансур чї гуфтание доштї?
Ситора – Мактубе мебурдам, ки ба ту кўмаке расонад.
Мунтасир – Кўмак ба ман? Ин чї сафсатта? Кї инр навиштааст?
Ситора – Ман… ман худам.
Мунтасир – Ба ман дењ, ки аз валиањди бечора чї таманное аз барои ман кардї?
Ситора – Ин хуб нест.
Мунтасир – Пас, худат бихон.
Ситора – Ин Хоњиши ољизонаи ман аст.
Мунтасир – Пас, ту бо ман самимї нестї! Ин мактубро пора бикун ва дигар аз барои ман хоњише накун. Ман медонам, ки он љо ѓайр аз изњори муњаббат ба валиањди амир чизи дигаре нест.
Ситора – Не.(Ба мактуб нигоњ карда фавран мепўшад). Нннеее…..
Мунтасир – Ба чизи дигаре зарурат надорад. Алвидоъ. Мехостам ба ту бовар кунам. Аммо афсўс. Алвидоъ.
Боду абр аст ин љањон, афсўс,
Бода пеш ор њар чї Бодо бод!
Ситора – Ман мекўшам, ки самимияти худро собит кунам.
Мунтасир:
З –омада шодмон мебояд буд,
В – аз гузашта накард бояд ёд.
Бо ѓами бекарон меравад.
Ситора – (Бо шаст мектубро бори дигар аз назар мегузаронад ва баланд мехонад). “Шањзода Мансур, дили ман бар шумост. Ситора…”. Тавба. Ин чї корест, падар…(Гирён шуда равон мешавад).
Нўњи II ва Бектузун меоянд.
 Нўњи II – Аз корзорњо чї хабар мерасад?
Бектузун – Писараш Мањмуд њангоми рондани Фоиќ ва озод кардани Нањшаб љасорати бемисл нишон додааст.
Нўњи II – Офарин ба Мањмуд! Ин хабар бењтарин давост бар тани ранљури ман. Падару писари арзандаро унвони арзанда мебояд. Ба Сабуктегин “Носир – удд - давла” дињем, яъне њомии дин ва давлат. Ба писараш Мањмуд унвони “Сайфуд - давла” дињем – яъне шамшери давлат.
Бектузун – Муборак бошад.
Нўњи II – Ин маншурро расон ва њардуро ба базми мо бихон. Иншооллоњ, бо ин тадбир аз њалокат растем!
Бектузун –Кош ин шемшер боиси њалокати мо нагардад.
Нўњи II – Ин Чї гуфторест?
Бектузун – Малики бузургвор, хоњиши дигари Сабуктегин он аст, ки … шуморо барои эъзои тамом ба наздаш мехонад.
Нўњи II – Чї тавр? Ў  дар Куљост?
Бектузун – Дар дашт хайма задааст.
Нўњи II – Ин ѓулом аз одоби шаѓон Магар бехабар аст? Бигўй, ки њоло ман амирам ва Сабуктегин волии танњо як гўшаи мулки ман. Ва ман Сабуктегинро бо базми пазирої мехонам! Ва танњо ман ба ин њуќуќ дорам! Бирав, Бигўй.
Бектузун – Ба чашм. (Меравад).
Нўњи II – Оќибати кор бо Сабуктегин тира аст.Вале тир аз камон љаст. Њарчї Бодо бод!
Меравад.
Дар гўшае Ситора бо падараш Бектузун дучор меояд.
Ситора – Ин чї бешарафист, падар?
Бектузун – ром шав, духтарам, њамаашро баъд мефањмонам. Валиањд танњо Мансур аст, Абўиброњим ягон њуќуќ надорад.
Ситора – Ба ман чї фарќе?
Бектузун – Ту бояд аз абўиброњим дурї љўї.
Ситора – Њоло Абўиброњим аз ман дурї мељўяд, ва ман аз ин дар табу тобам. Мансурро чашми дидан надорам ва ин талаби ту амри махол аст, падар. Ман инсонам ва бо ќисмати ман бозї карданро рова мадор.
Бектузун – Аз Мансур њам дурї биљўй. Ба фикрам, шањзодаи ту андактар аз љануб меояд.
Ситора – (Бо њайрат). Чињо мегўї! Падар?!
Бектузун – Бале, њайратї машав. Бахти ту на дар ин хонадон аст. дилам гувоњї медињад. Осемасар мабош. То омдани ман сабр бикун. Аз ин ташрифи ман ба назди Сабуктегин ќисмати ману ќисмати Туву ќисмати Оли Сомон муайян мешавад. Боз порае сабр бикун. (Меравад).
Ситора – Танњо Худо медонад, ки дар сари падарам чї андешаест.
Меравад.
Нўњи II меояд, њамроњи писараш Абўиброњими Мунтасир.
Нўњи II – Писарам, њар он чї ки дар тўли 21 сол кардам, барои осоиш ва якпорчагии мулк буд. Дар назди ќазову ќадар амир тани танњост ва танњо замон дурустї ё хатои њукми ўро ќазоват мекунад. шояд, ки ояддагон маро ситоиш кунанд, шояд, ки нафрат. Вале он тадбире, ки бо Сабуктегин андешидам, ба гумонам самарии бад доданист. Биё, њамроњ натиљаи амалро бифањмем ва њамроњ тадбири мулк кунем. Танњо ту метавонї дар њаќиќат ба имдоди ман расї. Афсўс, ки аќалан чор – панљ соли пештар ба дунё меомадї. Хеле кўчак њастї. Вагарна њамаро ту сазовор будї ва ту метавонистї лашкару давлату раиятро муттањид гардонї.
Мунтасир – Ташаккур, падар.
Бектузун меяд.
Нўњи II – Хуш, чї хабар овардї?
Бектузун – Сабуктегин наомад. Танњо нома фиристод.
Нўњи II – Дилам аз ин гувоњї медод. Ў чї мехоњад?
Бектузун – Писраш Мањмуд Абўалии Симљўриро аз Хросон рондааст. Ва њоло мехоњад, ки волии Хуросон писари ў Мањмуд шавад.
Нўњи II – Ќоида чунин аст. маљбурем, ки Хуросонро ба Мањмуд бубахшем. Боз чї?
Бектузун – Сабуктегин бо ќарахониён ќарордоде кардааст, ки шимоли мулки Сомон – Исфиљоб, фарѓона ва Љорљо ба онњо бубахшад, ва дар он вилоёт Арслон Илоќи Наср њукмрон гардад.
Нўњи II – Ммм…. Худоё….
Бектузун – Аз чї бошад, ки Сабуктегин бо Фоиќ аз нав созиш кардавилоёти Самарќанду Чаѓониёнро ба ў додааст.
Нўњи II – Не, нее….
Бектузун – Ва нињоят, кулли Хуросону тамоми поёноби Омуро ба тасарруфи худ даровардааст.
Нўњи II – Оњ, омад ба сарам он чї, ки ах он метарсидам.
Мунтасир – Афсўс, ки бо дасти душмани дерин бахт ба даст наояд. Аксари мулк аз даст рафт. Ин чї дасисае буд?
Нўњи II – Ин хотимаи кори Оли сомон аст….
Ба рўи дасти шањзода афтидла љон медињад.

САЊНА ТОРИК МЕШАВАД.
Дарбори амир Мансур ибни Нўњ. Сањна холї.
Сухани ровї садо медињад ва ин дар њангом дар назди тахт ду дўсти дерин, ду хиёнаткор бо њам вохўрда њамдигарро оѓўш мекунанд, салобату сиёсати Бектузун бештар аст.
Сухани ровї, ё худ Мунтасир – Њамин тавр соли 997 милодї дар Бухоро Мансур ибни Нўњи Сомонї ба сари ќудрат омаду дар Ѓазна Султон Мањмуди Ѓазнавї. Байни ин ду њокими љавон ќаробату дўстие буд ва алсан Мансур комилан дар итоати Мањмуд афтод. Ин њолат њокимони ќарахонињоро ба ташвиш меорад ва гумоштаи онњо Бектузун пайи ислоњи ин њолат шуд.
Ў боз ба дили амири љавон љой шуда дўсти хиёнаткори дерни худ Фоиќро ба дарбор овард ва сипањсолори лашкар таъин кунонд. Бале, хиёнат ва разолат сарњад надорад, миллат надорад, ин доѓи абад, ин дарди бедаво њар куљое, ки андак сустї аз зимомдорони замон падид ояд, њозиру нозир гардад. Бектузун ва Фоиќ бар сари Оли Сомон мусибатњои нав оварданд…
Фоиќ (Хушомадгўёна) – Сипосгузорам аз мењрубонии шумо, вазири кабир.
Бектузун (назарногирона) – Сипос дар амал кунанд, на дар забон.
Фоиќ – аз дўстон ишорат, аз мо ба сар давидан. Чї амале зарур аст?
Бектузун – Дўсти ќарахонии мо – Арслон Илоќи Наср аз дўстии Мансур ибни Нўњ ва Мањмуди Ѓазнавї дар ташвиш аст. изњор мекунад, ки танњо як вилояти Исфиљобу Чочу Фарѓона барояш кам аст.ў нияти бештаре дорад. Агар ин нияташ бе мо сурат гирад, аз ин рўзи сиёњ њам мањрум шавем.
Фоиќ – Бале, пирам. Њарчи гўед, мекунем. Банда фармонбардори шумост.
Бектузун – Дар ин њоле, ки мо дорем, амали ќатъї мебояд.
Фоиќ – Шумо ботадбиреду хирадманд. Бифармоед.
Бектузун – Амир Мансур ба мо камтар ањамият медињад, мекўшад, ки худаш њама масъалањоро њаллу фасл кунад. Агар мо чашмонашро кўр кунем, бе машварату маслињати мо коре накунад. Бо маслињати мо, ки амал кард, дили ўро ба Арслон Илоќи Наср гарм кунему аз Мањмуди Ѓазнавї хунук.
Фоиќ – Тадбири аљиб. Вале кї ўро кўр мекунад?
Бектузун – Аљаб саволе, албатта ту.
Фоиќ – Чаро ман?
Бектузун – Фаромўш кардаї, ки туро ман дубора ба дарбор овардаам!?
Фоиќ – Бале.
Бектузун – Ман дили амири љавонро ба гарм кардам!?
Фоиќ – Бале.
Бектузун – Ана, акнун ваќти амали ту расидааст. Кўрнамак набош.
Фоиќ – Ман намакношинос нестам, Бектузун. Аммо ба њар оина, Мансур ба ман комилан бовар надорад, муњофизонаш њамеша аз ман дар хавотиранд ва ўро сахт эњтиёт мекунанд.. ин амали ман марги бенатиља ва бемаънои ман хоњад шуд. чораи дигаре андешидан лозим.
Бектузун – Худо ба ту ќуввати бозуву ќомати баланд додаву заррае фазилат надода. Наход, ки худат рўи рост раввию амирро кўр кунї!?
Фоиќ – Охир чунин фармудї.
Бектузун – Аблањ! Бо ин амалат ту маро њам бо амир душман  меградонї.
Фоиќ – Пас чї кор кунам?
Бектузун – Эњ, љоњил. Дар њаќиќат, силоњу камону каманду иддату лашкар дар дасти хирадманд ќуввати бузургест, барои бехирад он њама дарди сар аст, балои љон аст, душмани худи ўст.
Фоиќ – Охир чї кор кунам? Муњофизонаш шабу рўз аз ў дур намешаванд….
Бектузун – ана, њамон муњофизон ба ту кўмак кунанд.
Фоиќ – Чї хел?
Бектузун – Муњофизи асосиаш ѓуломи турк аст?
Фоиќ – Бале.
Бектузун – Фарзанди одам аст? нафс дорад? Ба зару мол ниёз дорад?
Фоиќ – Дорад, вале… мукофотњои амир бењудуд аст….
Бектузун – амири шањид Ањмад ибни Исмоили Сомонї њам муњофизони худро аз молу манол бениёз гардонида буд, вале муњофизаш ѓулом буд, турк буд ва моли зиёде дошт, аммо хољаи худро ханљар зада кушт. Чаро ѓуломи ин аќалан чашмони Мансурро кўр накунад? Далер бош, зару зевар дареѓ надор ва амирро ољиз гардон.
Фоиќ – ба чашм, вазири кабир. Чаро Худо нисфи аќли туро ба ман надод, ки барваќт њокими бањру бар мушедам?
Дасти ўро мебўсад ва меравад.
Мусиќии њавлнок. Садоњо. Нолаи љонхароши Мансур.
Дар ин байн дар сањнаи сояравшан Бектузун ва Фоиќ бо Раќсу пантонимаи ин разолат ва шодии худро ифода мекунанд. Боз дастонашон аз хуни одамї сурх мешавад.
Садоњо – Шараф ба амири љавон Абдумалик ибни Нўњ!
Њарду пеш меоянд. Дар дасти њарду мактуб.
Бектузун – Нома аз хони бузург Арслон Илоќи Наср!
Фоиќ – Нома аз Султон Мањмуди Ѓазнавї!
Бектузун – Бихон1
Фоиќ – «Ман Мањмуди Ѓазнавї савганд хўрдам, ки душмани Мансур ибни Нўњро њама сар ба сар бикушам! Хун ба хун! Арг ба марг!»
Бектузун – Ин эълони љанг аст, бо ту маслињат мекунад.
Фоиќ – Бале.
Бектузун – Мувофиќи Вазифа ту бояд лашкарро дар љанги зидди Мањмуд сарварї кунї. Оини нави сарвариро худат хуб медонї. Љангро бой медињї ва аз Султон Мањмуд мукофоти нав мегирї.
Фоиќ – Хуб. Мањмуд дар дасти ман, Арслон Илоќ чї мегўяд?
Бектузун – (Мехонад). «Аз оќибати кори шумо дар андешаам. Агар Мањмуд аз љануб юриш кунад, ман маљбур мешавам, ки аз шимол ба Бухоро њуљуми барќвор кунам, то ки аз луќмањои лазиз бенасиб намонам. Хони пурѓановати  Бухороро бешикаст барои ман нигањ дор…. Арслон Илоќи Наср»…. Њммм.
Фоиќ – Боз дар байни обу оташ мондем.
Бектузун – Бепарво бош. Арслон Илоќи Наср дўсти санљидаи мост. Њоло ў бепарвост. Вале Мањмуд наздик аст, ба гумонам аллакай Лашкари ў роњи Бухороро пеш гирифтааст. Ту бо амир Абдумалик ба пешвозаш рав, ман тањаффуси кори Арслонро мекунам.
Фоиќ – Ба чашм. (Меравад).
Бектузун – Равиши кор чунин хоњад шуд: Дар њафтае Фоиќ ва Абдумалик аз Мањмуд шикаст хўрда ба Бухоро баргардад. Ва ман нома фиристам ба Арслон Илоќи Наср, ки беранг ба Бухоро ояд ва боз Фоиќро ба истиќболаш фиристам. Дар ин њолат на сих сўзаду на кабоб. Бигузор Мањмуд аз Арслон бинаду Арслон аз Наср, дар ин байн мо њам аз як табаќ палави худ мањрум намешавем. Омин! Оллоњу Акбар!
Боз садои нолаву ѓиреви мардум.
 Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 7
Шаб. Як гўшаи сањрои Диззак. Арслон Илоќи Наср ва Фоиќ.
Фоиќ – Хони Бузург, роњи Бухоро холист. Бо амри ман сипоњиён дар чўли Диззак парешонанд ва бе фармони ман тире аз камон сар надињанд. Ба Бухоро марњамат кунед.
Арслон – Султон Мањмуди Ѓазнавї дар Куљост?
Фоиќ – алњол дар Ѓазна аст, пас аз љанге, ки байни мову ў воќеъ шуд, бо Балху Хуросони комилан људо ќонеъ шуд. аммо яќин аст, ки бо ин иштињаяш  саркўб нашудааст ва дере нахоњад буд, то ба Бухоро њуљум бикунад. Бинобар ин, ваќт аст, ки шумо ба Бухоро ташриф фармоед.
Арслон – Бале. Дар љанг мањмуд сипањсолори Лашкари амир Абдумалик ту будї?
Фоиќ – Бале.
Арслон – Ва албатта, чунон сарварї кари, ки њоло мекунї?
Фоиќ – На, ба љидд љангидам, аммо ќуввањо нобаробар буданд.
Арслон – Мањмуд ба ту чї ваъда кард?
Фоиќ – Ќасам ба Ќуръон, ки Мањмуд ба ман чизе ваъда надодааст ва бо ў баљиддпайкор кардам. Ва танњо дўстии дерина ва мукофотњои дерина маро ба оѓўши шумо рањнамун сохт. Хони бузург, Умеди ягонаи ман туї.
Арслон (Дар гирди Фоиќ чун сайд гирд мегардад). – Амир ба ту бовар мекунад ё наќшаи нињонии дигаре дорад?
Фоиќ – Амир Абдумалик бо он вањму њаросе, ки дорад, бе рухсати ман ќадаме нагузорад. Љилави ў дар дасти ман аст.
Арслон – Ба ин бовар мекунам.
Фоиќ – Ману Бектузун њама њилатњо кардем, ки Абўиброњим ба сари тахт наояд. Њарчанд љвавон аст, ѓаюру оќилу гарм аст, кори моро халалњо аз ў мерасид.
Арслон – Медонам ўро. Ин амали шумо савоб аст. шоистаи ќадр аст.
Фоиќ – Ташаккур, хони бузург.
Арслон – Кафолате њаст, ки Мањмуд дар назди Бухоро камин гирифтаву интизори мо нишгастааст?
Фоиќ – Њаст, хони бузург.
Арслон – Хуб аст.
Фоиќ – Ба Бухоро марњмат, хони бузург. Њама роњњо кушода аст.
Асрлон – Хуб.
Фоиќ – Хони бузург, умед мекунам, ки аз њадя бенасиб намегардонед?
Арслон – Њадя? Чї мехоњї?
Фоиќ – Самарќанду Бухоро….
Арслон – Танњо њамин? Ња – ња – ња!!! Охир ту дар амал волии тамоми Мовароуннањру Хуросон будї?! Сазои чунин хизматњо туро њадяи арзанда мебояд! Њарчї мехоњї талаб бикун! Ман амири лафзи худам!
Фоиќ – Каромоти хон бузург аст.
Арслон – Бори аввал ба ту Мовароуннањрро ваъда карда будам?
Фоиќ – Бале.
Арслон – Бигир. Аз ин пас ту волии ман дар кулли Мовароуннањру Хуросон мешавї!
Фооќ – Ташаккур, хони бузург!
Арслон – Боз ба ту сад хирвор зар ваъда карда будам. Баъди футуњоти бузург аз хазинаи Бухоро бигир.
Фоиќ – Муташакирам.
Арслон – Ва ќиматтарин њадяи ман сазовори туст. Медонї чист?
Фоиќ – Чист, хони бузург?
Арслон – Њељ гоњ нахоњї донист. Бигир. Саросар ёќуту љавњар аст.
Зоњиран беањмиятона вале дар асл устодона ханљари хурдеро сўи Фоиќ мепартояд, ки ба синаи ў мезанад.
Фоиќ – ХУДОЁ!!!
Арсллон – Ин аст бењтарин њадя барои ту.
Фоиќ – Њаќќи хизмати ман ин аст?.... ин номардист….
Арслон – Чаро? Ман ба ту Мовароуннањрро ваъда додам, ба ту бахшидам, заре зевар ваъда додам бахшидам. Вале ман бу ту ваъда надодам, ки туро ба љон зинњор дињам.
Фоиќ – Чаро дўсти худро куштї?
Арслон – Хъаљоњои собиќат – Сомониён Магар туро ба ноз напарварида буданд? Магар кам ба ту мукофотњо дода буданд? Магар кулли давлати њаёти худро ба дасти  ту насупорида буданд? Ва ту ба онњо хиёнат кардї. Чаро? Зеро, ки табиати ту чунин касиф аст ва њељ касе кафил нест, ки ту бар ман њам хиёнат накунї! То он, ки бар ман хиёнате кунї, мукофоти амалат бидињам, то , ки баъд дер нашавад. Мукофоти хиёнаткор чист? – Марг! Ња – ња – ња!!!
Сањна торик мешавад.
Садои навњаву нолаи мардум, пойи аспњо, оташу сўхтор.

НАМОИШИ 8
Дарбори амир Абдумалики Сомонї. Тахт сарнагун. Арслон Илоќи Наср гирди тахт чарх мезанад. Бектузукн дар рамзи таъзим истодааст.
Бектузун – Бухоро пешкаш, хони бузург.
Арслон – Амири сарнагунгашта абдумалик ва њама ањли хонадони Сомониро ба Узганд фиристед ва дар зиндон мањкам кунед.
Бектузун – Ба чашм.
Арслон – Ту, Бектузун пир шудаї. Туро истироњат мебояд.
Бектузун – Бале.
Арслон – Љойи ту њам Узганд аст.
Бетузун – Ба чашм.
Арслон – Туро зиндон намекунам, вале дар Узганд истодани ту салоњ аст.
Бектузун – Ташаккур, хони бузург.
Арслон – Ба дўсти худ Мањмуди Ѓазнавї нома навис: «Ман розиям, ки шарти ўро бипазирам: дар њудуди давлати собиќи Сомониён ду давлати нав истиќрор кунем – давлати ќарахониён ва ѓазнавиён. Сарњади мо – дарёи Ому шавад».
Бектузун – Ба чашм.
Арслон – Боз бинавис, ки барои мустањкам шудани дўстии давлатњои навбунёд розиям, ки Мањмуди Ѓазнавї бо духтари ман издивољ кунад.
Бектузун – Ба чашм.
Сањна торик мешавад.


НАМОИШИ 9
Як кунљи зиндон дар узганд (њудуди Фарѓона). Мунтасир танњо.
Мунтасир – Дилам гувоњї медињанд, ки соати Мурод хоњад расид. њама бузургон аз сабурї ёфтаанд, сабру бурдборї мебояд:
Хабар дињанд, ки борид бар сари Айюб.
Зи осмон малахонусар њама зарин.
Агар биборад зарин малах дар ў аз сабр.
Сазад гар борад бар ман яке магас рўин.
Менависад ва китоберо вараќ мезанад.
Дар кушода шуда яке дар либоси аскари ќарахонї меояд. Ў Ситораи таѓйири либоскарда аст. лаълие кабоб медињад.
Ситора – Бихўр ва шодмон бош.
Мунтасир – Зи душман гар эдун, ки ёбї Шакар,
Гумон бар, ки зањр аст, њаргиз мах(в)ар.
Ситора – Бечора асир. Агарчї асирї, орият ба љой медорї.
Мунтасир – Ин њама аз гардиши ќисмат аст. итминони комил дорам, ки боз њолат дигар шавад. Аз рўи инсоф набошад, ки ман бо ин њама ќудрат бењуда тўъмаи хок шавам. Њарчанд, ки њамаро роњи охират њамон аст.
Ситора – Агар аз ин љой халосї ёбї, ба кунље ба офият нишинї ва роњат бикунї? Ин њам роњат аст. бихўру аз чизе андеша накун.
Мунтасир – Агар халосї **** аз ин зиндон, њаргиз осуда нашинам, балки бикўшам, ки бахт ба њамватанони худ баргардонам.
Ситора – Бирав, ту озодї.
Мунтасир – Оё рост мегўї?
Ситора – Зиндонбон огоњ аст. љавшани маро бипўш ва бо роњи чап бирав, пас ба хонаи Кайќубод бирас ва дигар ту донї.
Мунтасир – Ту кистї?
Ситора – Ватандор. Дигар мапурс.
Мунтасир – Овози ту ба гўшам шинос мерасад, ин чашмон ба дилам азиз менамоянд. Ту кситї эй љавонмард?
Ситора – Ин ањамият надорад. Бирав.
Мунтасир – Чуз њодиса њаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм љуз табам накунад.
В – ар љон ба лабам ояд, ба љуз мардуми чашм.
Як ќатраи об дар лабам ккс накунад.
Ва пас ин њама шабњои бе умед ин пайки ту нињояти бахт бошад, ва донам, ки ту Каси оддї нестї.
Ситора – Њар касе њастам, бо ту њастам, аз барои ту њастам, њарчанд, ки алњол душмани ту њастам, аз ќабили турк њастам.
Номат шунавам, дил зи фарањ зинда шавад,
Њоли ман аз иќболи ту фархунда шавад.
В – аз ѓайри ту њар љо сухан ояд ба миён,
Хотир ба њазор ѓам пароканда шавад.
Мунтасир – Танњо як нафар чунин сухани зариф гуфтан тавонад. Вале ў зан аст, ту мард.
Ситора – кист он зан?
Мунтасир – Ситора.
Ситора – Дигар нами тоќат намонд! (Кулоњашро аз сар мегирад).
Мунтасир – Ситора?!
Ситора – Бе рўи ту хуршеди љањонсўз мабод.
Њам бе ту чароѓи оламафрўз мабод!
Бо васли ту кас чу ман бадомўз мабод!
Рўзе, ки туро набинам он рўз мабод!
Ба њам оѓўш мекушоянд.
Мунтасир – Њар бод, ки аз сўи Бухоро ба ман ояд,
Бо бўи гулу мушку насими суман ояд.
Ба њар зану њар мард куљо барвазад он бод,
Гўй,  магр он бод њаме аз Хутан ояд.
Не, не зи Хутан бод чунин навазад,
К- он бод њаме аз бари маъшуќи ман ман ояд!
Ситора – Ваќт аст, ки бирав, Мунтасир. Ман ба љо ту  мемонам.
Мунтасир – На, њарду меравем.
Ситора – Шарти мо вайрон шавад.
Мунтасир – Боке нест. Чун дасту пойи ман кушода аст, аз байни њазор душман туро гузаронам.
Мераванд. Садои ќиёму ошўб. Шињаи аспон, шамшерзанї.
Сањна торик мешавад.


НАМОИШИ 10
Шаб. Дашти сокит Бектузун ва Арслон Илоќи Наср.
Арслон – Ту ба ман њамон ќадаре, ки кўмак расонидї, њамон андоза душманї кардї. Ту нисфи мулкро ба Мањмуди Ѓазнавї додї. Ту натавонистї, ки мухолифати Мовароуннањриёнро ба ман бартараф кунї ва дар дилашон нисбат ба мо мењру муњаббат парварї. Ва нињоят, духтари ту Абўиброњимро аз зиндон кард.
Бектузун – Хони бузург, ман пираму нотавон ва бар амсоли зиндониёнам, аз кори олам огањ нестам, аз амали духтарм низ бехабарам.
Арслон – Шояд, ки ту њаќ бошї. Вале Ситора духтари туст ва ту бояд гуноњи ўро бишўї!
Бектузун – аз ман чї мехоњї, хони бузург?
Арслон – Њарчанд, ки пир шудаї, дар макру тадбир устодї. Бирав ва сари он шањзодаи ошўбгар бигир. Агар муваффаќ шудї, туро волии кулли Мовароуннањр кунам, дар акси њол, ба дорат кашам ба љои духтарат.
Бектузун – ман пирам….
Арслон – Ба домодат дилат месўзад?
Бектузун – На.
Арслон – Ё умед дорї, ки боз меяоду туро вазири кабир мекунад?
Бектузун – На. Вай њаргиз ба ман Амон надињад, зеро, ки аз хизмати ман бар шумо комилан огоњ аст.
Арслон – Пас, бикуш ўро, то туро кушта бошад.
Бектузун – ман бемору нотавонам.
Арслон – Зару зевар, зањру позањр, дорую даво – њарчї зарур аст, аз хазинаи ман бигир ва зуд Абўиброњими Мунтасирро ба ќатл расон.
Бектузун – Уф…. Маро илољи дигар нест.
Сањна торик мешавад.


НАОИШИ 11
Шаб. Дашт. Мунтасир ва Бектузун. Ситора дар тан љавшану силоњ меояд.
Мунтасир – Ин љавони хушќомат њамон ситораи наљотбахши ман аст, ки њамвора дар њама рўзњои сахт бо ман аст.
Ситора – Салом.
Бектузун – (Худро даруни љамоааш кашида). Хеле хуб аст.
Ситора – Аз Самарќанд номае расид. Ибни аламдор бо фидоиёни Самарќўанд ба мубориза тайёр аст. шайхњои самарќанд ѓуломони мусаллањ медињанд. Ќабилањои Оѓўз њам ба ёрї меоянд.
Мунтасир – Паёми хуш овардї.
Ситора – Бояд паём аз Чоч ояд. Биравам. (Меравад).
Бектузун – Абўиброњим, Бигўй, ки ту чї давлате хоњї сохт?
Мунтасир – Давлате, ки њама ќавмњо осуда зиндагї кунанд – тољикону туркон, њама ќавмњо, ки сукунат доранд.
Бектузун – Бигўй, шањо, аз чї бошад, ки се маротиба ту мувароуннањрро соњиб шудї, вале њарсе дафъа боз аз даст додї?
Мунтасир – Боз њам хиёнати њамватанон сабаб шуд. Сипас, њирси ќабилањои бегона. Њарки хўрљини худро аз зару зевар пур кард, роњ ба сўи ќиблаи худ пеш гирифт. Аз ин љост, ки имрўз асосан ба Мовароуннањриён рўй овардам. Мо метавонем мењани азияткашидаи худро ба даст гирем ва аз зулми аљнабиён озод кунем.
Бектузун – Ба чї умед мебандї?
Мунтасир – Ба авни Худои Азза ва Љалл ва ќудрати халќ.
Бектузун – Агар ѓолиб омадї, амири давлати бузурге шавї, ва агар на, дар Хориву зорї бимирї.
Мунтасир – Байни амиру гадої фарќи беше набинам:
Зи бими теѓи љањонгиру гурзи кишваркушой
Љањон мусаххари ман шуд, чу тан мусаххари рой.
Гање ба иззу ба давлат њаменишастам шод,
Гање зи њирс њаме рафтаме зи љой.
Басе тахофур кардам, ки ман касе њастам,
Кунун баробар бинам њаме амиру гадої.
Бектузун – Рост мегўї.
Мунтасир – Аммо ба фардои халќи худ боварї дорам. Пагоњ офтоби нав барои халќи тољик тулўъ мекунад ва ин офтоб аз хуни ману ту нуру нерў мегирад.
Бектузун – Бале, Фардо рўзи мушкилест. Порае роњат бикун. Ман туро постбонї бикунам.
Мунтасир – Ташаккур, пири хирад. (Дароз мекашад). Фардо амали ќатъї кунем…. (Ѓарќи андешањои амиќ чашмонашро мепўшад).
Бектузун – Вале ман илољи дигар надорам. Эй дастони нотавони ман, шумо борњо хуни одам рехтаед. Ин дафъа низ ба ман содиќ бимонед. Дафъаи охирин хуни одам бирезед. Оллоњу Акбар! (Ба синаи Мунтасир корд мезанад).
Мунтасир – Худоё, Чї кор кардї, Дарвеш?!
Бектузун – Ту Фардо боз љанги нав оѓоз мекунї? Кифоя аст хунрезї.
Мунтасир – Овозатро шинохтам…. Ту …. Бектузун?!
Бектузун – Ин ањамият норад.
Мунтасир – Хоин….
Бектузун – ман пеши роњи хунрезии нави бузургро гирифтам.
Мунтасир – Иллати бедавои миллат….
Бектузун – ман илољи дигар надоштам.
Мунтасир – Бунёди хиёнат….
Бектузун – Амирон меоянду мераванд. Вале ман њам бояд зиндагї кунам.
Мунтасир – Лаънат….
Бектузун – Кунљи мањбасу зиндон љои хуб нест. Маро ба шарте аз зиндон озод карданд, ки туро бикушам. Акнун мансаб њам медињанд. Ба дил гуфтам, ки бо ваъдаи Арслон аз зиндон озод шуда назди ту ояму њамроњи ту ба Бухоро баргардам. Вале мебинам, ки оќибати кори ту торику мањљул аст. бењатр он донистам, ки ба ваъдаи ба Арслон Илоќи Наср додам содиќ бимонам. Аз дусар т у дер ё зуд кушта шавї. Чї фарќ дорад, ки бо дасти ман ё Каси дигар. Бар ивазаш. Љони ман Амон ёфт, њоло мансаб њам мегирам.
Мунтасир – Ин њукми ќазову кадар аст.
Бектузун – Бале.
Мунтасир – Њазор ќалъа кушодам ба як ишорати даст,
Басе масор шикастам ба як фишурдани пой.
Ч у марг тохтан овард, њељ суде накард,
Баќо баќои Худоясту мулк – мулки Худой.
Бектузун – Бале. Кори Худой аст. ман ба ваъдаи худ Вафо кардам.
Мунтасир – Лаънати абадї бар ту, ки Умеди умедворонро куштї.
Мемирад. Бектузуни пири нотавон пеш меояд. Кулоњи хунолуди мунтасирро меорад. Нолаи мардум. ўро Арслон интизор аст. кулоњро пеши пои Арслон мегузорад, сар ба зону мезанад. Раслон мисли сайд гирди ў чарх мезанад.
Арслон – Хўш….
Бектузун – Инак кулоњи Абўиброњим ибни Нўњи Сомонї бо як коса хунаш.
Арслон – Хуш….
Бектузун – Ман ба ваъда Вафо кардам.
Арслон – Ту медонї, чї кор кардї?! Охирин шоњзодаи Оли сомон бо дасти вазири кабари падари худ кушта шуд!
Бектузун – Бале.
Арслон – Ту фарзанди хољаи худро куштї, охирин фарзанди хољаи худро куштї, ки умре аз хони ў нон хўрдї?!
Бектузун – Ман супориши туро иљро кардам.
Арслон – Хўш….
Бектузун – Туро њам ба ваъда Вафо мебояд.
Арслон – Чї ваъда дода будам?
Бектузун – Мовароуннањрро. Вале БАМ ан шањри Бухоро низ кофист….
Арслон – Шањзода Мунтасирро љанозаи сазовор мебояд.
Бектузун – Марав. Маро танњо нагузор.
Арслон – Ња, ту мукофотро интизорї. Мукофоти хиёнаткор чист?
Бектузун – Не, не, не. (Нафас гулўгираш мекунад).
Арслон – Сазои кушандаи шоњзодаи охирини тољик чист?
Бектузун – МАРГ?! Марг аст ќисмати ман?!
Арслон – Худ бењтар медонї. Ѓайри мурдан туро чора нест.
Бектузун – НЕ! НЕ! НЕ! (Бо дањшат мемирад).
Арслон љасади бектузунро бо пояш тела дода меравад.
Уллоси сагон. Навои мотам, шамоли сард.
Дар сари љасади Мунтасир Ситораи њомиладор ва чанд тан ватандорон.
Ситора – Осуда бош, абўиброњим машъали афрўхтаи ту њаргиз хомўш нахоњад шуд! мо њама пайравони туем. Фарзанди туро, ки ман дар батни худ ба љон мепарварам, кори туро ба сомон расонад, чун ваќт кифоят накард фарзанди фарзандони ту хотима дињанд. Мо аминем, ки тољикон соњиби бахту истиќлол мешаванд. Машъали ту моро дар ин рањ њидоят мекунад. баъди соле, баъди сад сол ё баъди њазор сол машъали Озодии ту моро ба хушбахтї мерасонад….
Ровї – Ва мо расидем ба саодати Мурод, ба хушбахтї, озодї, истиќлол ва набояд, ки ба тасодуф аз дињем вањдату ягонагї, озодї, истиќлолро. Ба ќадри ин неъмати илоњї расид, ки вай парвардаи родмардони њама замонњо ва хирадмандони ОЛИ СОМОН АСТ...
 



 


Рецензии