Варта - радиопьеса
Радиопиеса
Муаллиф Љумъа Ќуддус
Рўзи равшани офтобї. Бахори оламоро бо навои њазордастон ќолини махмалии серрангу бўяш њамаро шайдову масрур гардонида. Њама ба сайри табиат ба теппањои атроф баромаданд. Фотима – модари љавони њашт фарзанд низ њамроњи тифлон дар буни кўње нишаста тифли дар гањвора хобадаашро Алла мегўяд. Дар атрофи ў кўдакон бозї мекунанд.
Суруди аллаи модар садо медињад.
Фотима – Алла, Алла – а, Алла – а – а…. (як банди суруд меравад).
Ровї мехонад: - Вале ин манзараи зебои дилфиреб бо садои шамоли сахт барњам хўрд. Пеши офтобро абрњои тира гирифтадунё зулмот гардид. Тифли гањвора аз тарс фиѓон кашида гиря кард. Модар тифлонашро нидо кард.
Фотима – Рањима! Рухшона! Мунира! Парвиз! Толиб! Ѓолиб! Њабиб! Шумо дар куљоедбиёед ба хона бармегардем! Худоё! Ин чї шамолест? Биёед, бачањо ба хона меравем!
Ровї мехонад: - Садои шамоли тундбод дањшатноктар шуда вай дарахтонро шикаста, баррањову тифлонро печонда гирифта ба поён мебарад. Дар поён вартаи жарфнои марговар. Овози тифли гањвора торафт дур шудан мегирад. Фотима дид, ки ки шамол кўдакро бо гањвора бурда ба сўи љарї тела медињад. Аз ин манзара Фотима ба дањшат омада фиѓон кашид.
Фотима – Не –е –е! Ња – би – ба –а –а!
Ровї мехонад: - Модар дар лаби љарї гањвораро бо тифлаш дошт. Вале акнун гирдбод худи ўро ба љарї тела медињад. Акнун фарзандон ба имдоди ў расидан мехоњанд. Онњо баробар фиѓон кашиданд.
Овозњои фарзандон – духтарњо ва бачањо: - Оча!!!
- Моро партофта нарав!!!
- Оча, поён љарии бетаг!!!
- Оча, мо бе ту метарсем!!!
- Оча – а – а!!!
Фотима – Худоё, ба тифлакони ман рањм бикун, бачаякони маро хор накун. Њабибаљони маро аз коми аљал наљот бидењ!
Ровї мехонад: - Садои гиряи тифли гањвора њама овозњои дигарро пахш мекунад. Модари бечора чашм кушода худро дар хонаи худ мебинад. Маълум шуд, ки ў то њол хоб дидааст. Вале ба зудї ба худ намеояд. Аслан, ў њафтае инљониб бемор аст, таб дорад.
Фотима – Аз гуноњам гузар, парвардигоро. Шукр, ки ин њама дар хоб будааст. Њабибаи бечора бедор шуда гиря мекунад. Афсўс, ки дар синаам шир надорам.
Дар шишачааш камтар шир мондааст. МА, Њабибаљон, хўр….
Овози ровї: - Модар аз шишачаи дар наздаш истода шир медињад. Писари миёнааш Парвиз меояд.
Парвиз – Очаљон, ман имрўз шеъри навамро ба муаллимамон нишон додам, муаллим таърифи бисёр карданд, гуфтанд, ки шоири хуб мешавї. Биёеб ба шумо хонам. Барои шумо бахшидам.
Фотима – Хон, Парвизљон.
Парвиз – Модар, бароям шамси љањонї,
Худсўхтанатро танњо ту донї.
Љонам ба дунё аз љонат омадааст,
Оѓоз њастї бар зиндагонї.
Фотима – Офарин, бачем. Рањмат!
Парвиз - ана инаш ба муаллими ризої зиёдтар маъќул шуд:
Њарчанд бикўшем, бикўшем, бикўшем.
Љуз хилъати таќдир напўшем, напўшем,
З –он ризќ, ки кардааст Худованд муќаррар,
Як ќатра об нанўшем, нанўшем.
Фотима – Шеърат наѓзу чаро ба ин хулоса омадї, бачем?
Парвиз – Охир маълум –ку. Дадаам шабу рўз кор мекунанд, акањоям дар кўњ аз паси мол мегарданд, апањоям дар хона зањмат мекашанд, лекин мо доим як хел хўрок мехўрем: чою чаппотї, пиёба, чою чаппотї. Њамин, ки ягон сўми зиёдатї љамъ шуд, барои тўи апаам мегўем, барои тўйи акаам љамъ карда мемонем. Лекин боз ба тўй сарф нашуда барои дорую даво меравад, гоњ шумо касал мешавед, гоњ дадаам, як рўзи дигар якбора се – чор нафари мо таб карда чанд рўз бистарї мешавем…
Фотима – Бас, бачем. Ту аз шоир дида бештар ба файласуфу сиёсатмадор наздикї дорї. Њамааш наѓз мешавад. Шумо, ки калон шудед, њама дастёру коргар, ки шудед, зиндагиамон серу пур мешавад. Рав, бачем, аз дастурхон нону љурѓот гирифта ба назди акањот бар. Як шеъри худатро фаромўш кардї? –
Шаб мераваду субњи Сафо меояд,
Бар рўйи њама пардаи худ накшояд.
Бисёр ѓанимат аст њар як Дами умр,
Бахшид барои некї онро бояд.
Парвиз – Ња, ин њам шеъри гуфтаи ман – у…. лекин….
Фотима – Кифоя, бачем, хез. Љурѓотро њам фаромўш накун. Акањоят гурусна монданд, туро интизоранд.
Парвиз – Хуб шудааст, очаљон.
Овози ровї: - Писарак шодон аз дар баромад. (Ѓиљљироси дар). Вале модари бечора ба фикри мањлул фурў рафт.
Фотима – Худоё, Худовандо, ин чї хобе буд? Гуноњњоямро бубахш. Ин ишора ба чї буд? Чї љарие пеши ману тифлаконам истодааст?. Чї гуноњест, ки боиси ѓазаби Худованд гардидааст? Ин чї огоњиест?
Овозї ровї: - Дар хотири модари бемор баъзе лањзањои хоби нав дидааш таљдид гашта овози фарзандонаш садо медињад.
Овози ровї: - Оча!! Моро партофта нарав! Оча, бе ту мо метрасем! Оча – а- а !!! дар пешат љарии бетаг! Ба љрї меафтї оча –а –а –а !!!
Овози ровї: - Модарро боз сиёњї пахш кардла табаш баланд шуда буд. Ин дам духтари калонии ў Рањима меояд. Њоли модарро дида ба њаммааш сарфањм рафт, зуд сачоќро ба оби хунук тар кардаба пешонии модар гузошт ва навозишомез ўро ба худ овард.
Рањима – Оча, ољаљон, бедор шав.
Фотима – Оњ, духтаракам, туї?
Рањима – Боз таб кардї, оча. Ба ту чї шуд?
Фотима – Намедонам, бачем, кай омадї?
Рањима – Навакак. Сањарї њамсояро дида будам, гуфт, ки тоби ту нест.
Фотима – аз ќишлоќи шумо келин карданї, вале туро бењуда овора кардааст. Ту наварўсї ба хушдоманат малол меояд.
Рањима – Чї хел ту бемор хобия ман чор ќишлоќ он тарафтар хабаргирї наоям?
Фотима – Рањмат, духтарам. Њузури бачањота бинї.
Рањима – Боз барои чї таб кардї, оча? Ваќтњои охир њељ чиз туро азоб намедод, шамол хўрдї Магар?
Фотима – Кори Худо,бачем, дард медињад, давояшро њам медињад. Ту худатро эњтиёт бикун, бачем. Коруборат дуруст аст?
Рањима – Мешавад, оча.
Фотима – Бо хушдоманат сар ба сар нашавї. Ё ….
Рањима – Чаро сар ба сар шавам? Созем мо….
Фотима – Шунидам, ки аз ту норозї шудааст, сахт хафа шудааст.
Рањима – Кї гуфт?
Фотима – Одамони таъин гуфтанд, бачем. Хушдоманат одами наѓз, туро бењуда хафа накардааст, њамаашон њўрмат мекунанд, вале ту љавонї, љавонњо одатан бесабру бе тоќат мешаванд. Гўй бачем чї гап шуд?
Рањима – Ором шав, оча, њама гап аз барои кўдаки њоло ба дунё наомада.
Фотима – Чї хел, бачем? Нафањмидам.
Рањима – Ман ба хулосае омадам, ки барои кўдак њоло барваќт аст.
Фотима – Ту љиддї мегўї, бачем?! Ќањри Худоро набиёр. Бо ин корњо Шўхї намекунанд, фарзанд баќои оила, боиси мустањкамию ободии хонавода аст.
Рањима – Не, оча. Ман љиддї мегўям, бо духтурњо њам маслињат карда пешгирї мекунам, муваќќатї, албатта. То 2 – 3 сол, њељ чиз намешавад.
Фотима – Тавба гўй, бачем. Мумкин аст, ки тамоман безуриёт монї. Пушаймон шавї.
Рањима – Фикри ман ќатъї. Тамоман нашавад боз бењтар.
Фотима – Кї ин фикри бемаъниро ба сарат љой кард? Шгавњарат, ё ягон дугонаат?
Рањима – Не, ин фикрип худам. Эњња, очам њам бо наѓмаи хушдоманам доира мезанад – ку. Агар фањманд, ки аллакай пешгирї кардам, тамоман шўрида дуо карданаш мумкин. Чї хел ўро бовар кунонам?
Фотима – Барои чї охир?
Рањима – Зиндагї…
Фотима – Хайр, зиндагиатон камтар мушкил. Вале њозир ба кї осон? Рўзгори кї њозир пурра аст? домод љаовни хуб аст, фаќат камтар суст, вале њоло зиндагї пурра ба сараш афтад, њушёртару чаќќонтар мешавад. Он ваќт зиндагиатон њам хуб мешавад.
Рањима – Не, гап дар сустии домод нест. Мардум тамоман вайрон шудааст. Домдатон чор сол боз дар мактаби дењот кор мекунад, њам устои дуредгар асту њам устои барќу телефон, дањ ангушташ њунар, аз ягон кори фармудаи роњбарон гардан наметобад, вале чор сол боз фаќат як маоши шогирди усторо мегирад – мефањмед, устои чор касбу вазифа асту маоши як шогирди усторо мегирад.
Фотима – Чаро арз намекунад?
Рањима – Рўяш намешавад, ки ба роњбарон арз кунад. Маљбур шудам, ки худам рафта љанљол бардорам. Директори мактаб ваъда дод, ки дараљаашро баланд бардошта маошашро зиёд мекунанд. Пеш аз баромадан, бошад љонишинаш ишора кард, ки бе зиёфат намешавад. Ѓурурам нагузошт, чанд сўма, ки барои аробачаи кўдаки ояндаам љамъ карда будам, чашм пўшида барои зиёфати директор сарф кардам. Баъд њазор сўм маоши домодатонро зиёд карданд. Мефањмї, оча? Мењнат як тараф, ќобилият як тараф, муњимаш дилёбї ба воситаи зиёфат. Барои њамин њам намехоњам таваллуд кунам…
Фотима – Духтарам, ту њозир љавонї, бетоќатї, худро аз дар ба девор мезанї, аз њар чї зуд асабї мешавї. Ин мегузарад. Сардорњо њам њама як хел нестанд. Одамњои хуб њам зиёданд. Аз рафтори як кас дар бораи њама инсонњо хулосаи бад накун.
Рањима – Њамаашон як хеланд.
Фотима – Ана, худи ту, дар се љой кор кардї, шикоят надоштї – ку?
Рањима – Ња –а, рост. Ту нафањмидї, ки барои чї ман дар як сол себор љои кор иваз кардам?
Фотима – Ммм. Барои он, ки маоши дигараш зиёдтар буд, чунин гуфта будї. Магар њамин тавр нест?
Рањима – Не, агар рости гапро мегуфтам шумо бештар зиќ мешудед. Ман нахостам, ки Туву дадаамро хавотиру асабї кунам. Охир, бе ин њам ба шумо мушкил.
Фотима – Чї гап шуда буд, духтарам? Маро натарсон.
Рањима – Не, он ќадар гапе не. Аввал худам сахт метарсидам. Њоло, ки аз онњо бадтарашро шунидам, ором шудам: сардори љои кори нахустинам пурсид, ки аз санъат хабар дорам? “Ња” гуфтаму дар бало мондам. Ба “Андалеб” раќќоса даркор гуфта зуд мусиќии магнитофонро баланд карду ба раќс кашид. Нав ду бор чарх зада будам, ки аз миёнам дошта бўса карданї шуд. телааш додам. Маљбур шуда аз кор рафтам. Сардори љои корир анвам мўйсафеди боимонбуд, фаќат духтарам гуфта мурољиат мекард. Фаќат як илтимос дошт, ки њангоми мењмонњо њамроњи котибааш хизмат карда чой пой дарорам, дастурхонро оро дињам. Хайр кори муќаррарии њар зан аст ин . ду се зиёфат ором гузашт, вале муфаттишњо гузаронданд. Яктааш баъдли ошро кашиданморо маљбуран сари миз нигоњ дошта дар њаќќи занњо нўшбод гуфта моро бо иди занон 8 – уми марттабрик кард ва зўран аз лабам бўсидан хост. Албатта, ман рои нашудам. Сардори мўйсафеди боимонамон њамон лањза фармони аз кор озод шудани маро бароварда ба дастам ќаппонду гуфт: ё Розигии мењмон, ё аз кор озод шудан! Ман њељ чиз нагуфта фармонро гирифта рафтам. Баъди ин шастам гашту аз њама дилхунук шудам. Њозир медонед чї кор мекунам? Шумо гумон доред, ки ман дар мактаб муаллимаам. Не, ман полшўяки мактабам. Фаррошам, фаррош! Духтари ба ноз парвардаи шумо, духтари шењрфањму шоиртабъи шумо имрўз фаррош аст! зеро, ки имкони хонданро дар мактаби олї надорем! Зеро, ки бо як маоши ночизи домодатон рўзи мо намегузарад. Фардо шоњдухтари ба њазор орзу парваридаи ман њам ба чунин пастиву разолат гирифтор шавад? Хокрўби зери пойи нокасон шавад? Не, ана барои њамин ба ин дунёи ноќис фарзанд додан намехоњам! Намехоњам!
Фотима – Бечора духтарам. Ба ту дар њаќиќат мушкил шудааст. Вале боз ба мегўям, ки ин њама давраи њомиладорї аст, мегузарад. Бењтараш њамроњи дугонаат Хайрї Душанбе рафта, якта - нимта матои бозоргир оварда ба њамсояњо фурўшї, рўзат мегузарад. Дигар ба кори фаррошї нарав.
Рањима – Номи Хайрї њам гум шавад! Медонї, вай аллакай бо Сирии кораш маро ошно кард. Њарчанд, ки аз дунё дилхунук шуда будам, фикри кўдаки ибатнам маро ором намегузошт. Аз Хайрї хоњиш кардам, ки маро њамроњаш ба бозори Душанбе бараду њамроњ барои кўдак анљоми гањвора, сарулибос гирем.
Розї шуд, назди як тољири шиносаш бурд. Тољири љидди будааст, гуфт, ки имрўз дўконашро холї кардааст, пагоњ ба хориља барои молбиёрї мерафтааст. Бегоњтар хона оед, бењтарин либосњоро бо нархи арзон медињад. Хайрї ваъда дод, ки меоем. Соатњои панљи бегоњ рафтем, њароњи тољир боз як љўрааш менишаст. “Мењмонї омадааст” гуфт. Ба љону њоламон намонда дастурхон орост. Бо суханони зиёде сарамонро гиљ карда як ќадањї нўшонд. Нафањмидам, ки чї тавр Хайриву мењмони тољир ба хонаи дарун даромаданду мо танњо мондем. Тољири лаънатї беибо ба гардани ман даст дароз карда бўсиданї шуд. Бо азобе худамро халос кардаберун Давидам. Наход, ки ќммати зан њамин ќадар бошад? Наход, ки зиндагї пешонии занро њамин ќадар шўр офарида бошад?! Не, то даме, ки зиндагї бењ нашавад, о даме, ки шаѓолони пулдор шерони бекисаро хору залил мегардонанд, ба дунё омадани фарзанди ман зарур нест! Аз офтоб њам њайфам меояд, ки бар сари чунин нокасон нурашро бедареѓ мерезад! Дигар тулўъ макун, эй офтоби содда! Њазорон бор њайф шудаї, офтоб!
Фотима – Уф…. Ин ќадар аламат зўр будаасту то њол дам нишастаї?
Рањима – Ба кї гўям? Ба ту? Чї фоида? Як аламат сад алам мешавад.
Фотима - Ту бо ин сафсатањо сари худатро гаранг накун. Ту як шоњписаре ба дунё дењ, ки Фардо њама ин бенизомињоро ба низом дарорад. Дунё ба як зайл намемонад, рўзњои бењтаре дар пеш аст, писари ту бењтар мекунад.
Рањима – Уё…. МА худам боварї дорам, метавонам, ки шоњписарамро марди донову бошавќату накўкор тарбия кунам, аммо кї кафолат медињад, ки то синни камолот мерасад? Ана, њамсояписари мо – марди шуљоъ буд, нотарс ѓамхор, на гапи хурдро мегардоду на гапи калонњоро, дар милиса кор мекард. Амнулло, шумо ўро мешиносед. Борњо дар амалиёти љангї ишритрок дошта сињат саломат баромадааст. Вале се – чор рўз пеш шабона, дар љои хобаш ўро парронданд.
Фотима – Бечора Амонулло, Худованд маѓфираташ гардонаду аз љаннат љой дињад. Бачаи наѓз буд…. Омин.
Рањима – Кї кафолат медињад, ки Фардо, як сањари солењон офтоб тулўъ карда шањписари ба ноз парвардаи маро оѓўштаи хоку хун, оташу хокистар намебинад? Кї? Ман намехоњам, ки офбот хазони тифлаки маро бинад. Бинобар ин, юа дунё фарзанд додан намехоњам! Намехоњам! Намехоњам!
Фотима – Не, не духтарам, ин фикрњои бемаъниро аз сарат дур кун. Вазифаи мо занон њамин аст, мо ба њамаи ин ногуворињо нигоњ накарда ба олам бояд фарзанд дињем, њаётро давом бахшем, зиндагиро пур аз наво гардонем. Фарзанд – барои њастї, фарзанд барои баќои њаёт, фарзанд бар раѓми аљал, бар зидди нобудї. Охир меваи умри инсон фарзанд аст. пагоњ ту њам пир мешавї, ба ту дастёр лозим мешавад, касе лозим мешавад, ки як пиёла обат дињад. Ана њамон кас фарзанди ту аст. шайтонро пеш кун, бачем, ќањри Худоро набиёр. Касе ношукри кунад, ба нохуни фарзанд зор шуда, як умр месўзад. Ана, аз модари худат ибрат гир. Шумо шукр, 8 нафар. Ба наздикї нуњўмаш њам мешавад. Шояд писар шавад, чор духтару панљ писар мешавад. Баъд….
Ровї: - Аз ин сухани модар духтари ў Рањима њам ба њайрат омаду њам хавотир гашт ва зуд ваљоњаташ дигар шуда љиддї гашта пурсид:
Рањима – Ту љиддї мегўї, оча? Ту фарзанди нуњумро интизорї?
Фотима - Ња, бачем.
Рањима – Охир ба ту таваллуд карданро духтурон манъ карда буданд – ку?
Фотима – Онњо гуфтан мегиранд. Њоло дањумаш њам дар пеш.
Рањима – Пас,ин табу тоби ту аз кўдаки батнат аст?
Фотима – Шояд њамин тавр бошад, шояд аз ягон чизи дигар бошад. Аз пешам гурбаи сиёњи Очаи Бибихол гузашта буд, андак тарсидам. Шояд аз тасири њамон бошад….
Рањима – Не, не. Ин аниќ, аз таъсири кўдак аст. Дафъаи гузашта њам њамин тавр шуда будї. Ман њозир меоям.
Фотима – Куљо меравї,бачем, шин.
Рањима - ман зуд бармегардам.
Фотима – Боз холаи Адолататро гирифта наорї?
Рањима - Мањз пеши холаам меравам. Онњо дањњо бор таъкид карда буданд.
Овози Ровї: - ин дам писарчаи Фотима Парвиз меояд. Табъаш хира аст, хафаомез сухан меронад.
Парвиз – Нону љурѓотро бурда додам, оча.
Фотима – Бале, љонаки оча. Ту њам бастёри хуб шудаї. Акањоят чї хел?
Парвиз – Аз пайи ду бузу се гўсфанд овора шуда гаштаанд.
Фотима чаро хафа менамої? Кї туро хафа кард, љонаки оча?
Парвиз – Њељ кас не.
Фотима – Охир ним соат пеш аз хона хандида баромадї. Ба ту чї шуд?
Парвиз – акаам Ѓолиб гуфт, ки ман шоир намешавам.
Фотима – Барои чї намешудаї?
Парвиз – Гуфт, ки барои шоири њаќиќї шудан дар Душанбе рафта хондан даркор, китоби зиёде харидан даркор. Мо бошем камбаѓал њастем, барои ин пул надорем. Њоло барои хондани толиб њам пул наёфтем, набошад, вай њамин сол бояд ба институт дохил шуда мехонд. Брои китоби шеършиносї њам пул надорем. Њамин тавр нест?
Фотима – Не, бачем, њаргиз ин тавр нест. Худи њозир аз љевон панљсад сўм гиру ба муаллимаат бурда дењ. Толибљон њаќ надорад, ки туро дилшикаста кунад. Ту њатман одами калон мешавї, шоир мешавї, барои ман таронањои хуб мегўї. Гир, бачем.
Парвиз – Хуб шудааст.
Овози РОВЇ: - Парвиз бо дили нохоњам аз љевон пул мегирад.
Фотима – Худи њозир ба муаллимаат бурда дењ.
Парвиз – Оча, охир дар љевон њамагї ду њазори дигар боќї мондааст. Орд њам тамом шудааст.
Фотима – Корат чї, бачем? Дадет то бегоњ орд меорад, боз пули бисёр дорем. То мактабро тамом кардани ту пули барои хондан даркориро љамъ мекунем. Баро. Акнун бачем, додаракатро бедор накун.
ОВОЗИ РОВЇ: - Писарак шод шуда аз хона баромад. Вале дили модар Лашкари ѓам пашх намуд.
Фотима – Бачаро фиреб додан осон, вале чї кунам, ки дар њаќиќат, пул тамом шуда истодааст. Барои орд пул надорем…. Гурунагї мекашем Магар? Ин хоби дидам ишора ба њамин буд?
ОВОЗИ РОВЇ: - Ин дам духтараш Рањима њамроњи холаи духтараш Адолат меояд. Адолат бегап ба муоинаи апааш шурўъ мекунад.
Рањима – Бинед, боз хабар надодаанд.
Фотима – Чаро овора кардї? Ман наѓз.
Адолат – Гап назан, апа. Ба ту бисёр гап задан мумкин нест…. Табат баланд. Оњњо аллакай чормоња шудааст!? Худо худ бахшанда ва мењрубон аст. аммо дидаву дониста худро ба азобу ситам гирфтор кардани бандагонашро ќабул надорад.
Фотима – Худат созї, хоњар? Кўдаконат чї хеланд?
Адолат – Соз, соз. Гапа тарафи дигар набар.
Фотима – Товба, чї гуфтам? Барои ањвол пурсии љиянњоям њуќуќ надорам?
Адолат – Не, њаќ дорї. Каматар осуда шавам.... аз хабари духтарат хун ба сарам зад. Туро нафањмида, ки нафањмидам.
Фотима – Чї љои нофањмї? Чї шудааст? Осмон омада ба замин часпидааст? Зилзила шудааст? Ё девбод шуда њамаро шикастааст?
Адолат – ин кори ту аз зилзилаву девбод камї надорад, хоњар.
Фотима – Оббо, нафањмидем. Рањима чой мондї? Холаи дўстдорат мењмон шудааст.
Рањима – Њозир дам мекунам.
Адолат – Рањмат. Фотима, ту ваъда дода будї, ки дигар таваллуд намекунї. Тифли охиринат бо азоб аз тани ту халос карда бо азоби зиёд ба Туву кўдакат њаёт бахшида будем. Фањмонда будем, ки таваллуд кардан манъ аст. гўё фањмида будї. Худат ќарор дода будї, ки ин охиринаш. Вале боз чї шуд?
Фотима – Њар чї дар пешонаам бошад, њамонро мебинам.
Адолат – Аз барои Худо, бигў, чї сирре дорї? Ин чї савдоест? ФАЊМОН?
Фотима – Адолатљон аз ту бўи модарам меояд, Оњанги амиронаи падарам меояд. Барои њамин дуруштињои туро ба љон ќабул мекунам. Бароям њамин бас аст, ки хабаргириам меояї. Фарзанди падар барои њамин рўз даркор.
Адолат – Ба саволам љавом дењ, апаљон.
Фотима – Чї гўям? Ин кори Худо, доди Худост. Аз дасти банда чї меояд?
Адолат – Ту њар як нобасомонии коратро ба номи Худованд вобаста накун.
Фотима – Хайр ин таравашро худат наѓ медонї, авлодан мо серфарзандем, момоямон 14 – то фарзанд дошт, модарамон 12 – то. Ман нав нуњўмаш ба дил гирифтам. Анъанањои авлодиро пос доштан даркор.
Адолат - Ба ин гуфтаи ту, ман њам бояд 12 – 14 – то таваллуд кунам? Вале ман бо се фарзанд ќаноат кардам.
Фотима – Ту анъанањои моро шикастї, хоњар.
Адолат - Ягон анъанаи авлодї ё миллї, ягон оини њизбиву мазњабї барои зулми алим ба занњо барои зулму ситам ба тифлон бањона шуда наметавонад.
Фотима – Чї зулме?
Адолат – Ту Магар намебинї, ки фарзандони ту мехўранду чї мепўшанд? Сарнавишти ояндаи онњоро фикр мекунї?
Фотима – Ризќи фарзандон пеш аз худашон меояд.
Адолат – Њељ надидем, ки надидем.
Фотима – Хоњари љон, биё ба фарзандони ман кордор нашав.
Адолат – Апаи дўстдорам, ки њастї, аз сўхтани дилам мегўям. Агар ўњдаи хўрондану пўшондан, таълиму тарбияташон барої, ихтиёрат. Биста таваллуд кун. Лекин њолат ба њама маълум аст – ку?
Фотима – Боз мегўям, ки ин кори Худо, хоњарам, аз дасти мани банда чї меояд? Ана, фаришати дугонаат спирал монд, аз ду сар таваллуд кард. Боз худи њамон спирал дар биннии баччааш дар мондааст. Бечора писарашро спиралбой лаќаб монданд. Кўдакро исќот кардан, дар духтур бошад, аз таваллуд кардан ќимматтар меафтад.
Адолат – Њамаи ин бањона. Њайр, духтурњои камсадоњият њам њастанд. Аммо ту ягон бор ба духтур мурољиат накардаї. Њатто тоќати сабр њам надорї, як – якуним сол пас кўдакњои нав таваллуд кардан мегирї. Барои њамин ба кампири фартут монанд шудаї. Бачањоят ришта барин. На ба худат рањм мекунию на ба бачањоят.
Фотима – калонтар шаванд, ќувват мегиранд, Худо худаш дастгирї мекунад.
Адолат – Ба Умеди Худо њам шаву буттаро сахт нигањ дор, гуфтаанд. Ба ту таваллуд кардан манъ аст саломатиат имкон намедињад. Кай ту инро мефањмї?
Фотима – Вазифаи модар – таваллуд кардан аст. ман барои фарзанд љон медињам
Адолат – Ќурбонии бемаънї. Ту намедонї, ки шиками бачањота бо чї сер кунї, намедонї, ки барои хонондани онњо аз кўљо пул пайдо кунї, намедонї, ки чї тавр онњоро хонадор кунонї, арўси писарњоятро ба куљо шинонї. Вале фаќат як чизро тўтивор такрор карданро ёд гирифтаї – вазифаи ман – таваллуд кардан. Вазифаи модар – ба дунё овардани фарзанд! Ин кам аст, апаљон, кам!фотима – Намефањмам, хоњар, ту аз ман чї мехоњї?
Адолат – Якум, ту бояд фањмї, ки тифли солимро фаќат модари солим офарида метавонад ва барои тифли нав њаёти худатро дар хатар монда кўдакони дигаратро бемодар гузоштан оќилона нест. Дуюм, кўдакро таваллуд карда ба њолаш партофтан дуруст нест, шароити зиндагиатро ба назар гир. Кўдаконат касалманд бошанду нољинсак калон шаванд, аз шудаашон пушаймон шаванд. Ту њаминро мехоњї.
Фотима – Худо худаш ризќу рўзиашонро мерасонад, кифоя хоњар.
Адолат – Ман офияти туро мехањам, апаљон. Тоќати онро надорам, ки ту дидаву дониста худро ба обу оташ мепартої.
Фотима – кадом об7 кадом оташ? Воњима накун хоњар.
Адолат – Ту њоло њам ба Умеди онї, ки турову бачањои туро солњои пешин давлат мехўронаду пул дода калон мекунаду мехононад? Вале, чї илољ? – Хуб аст, ё бад, љамъят дигар ушд, дигар он рўзњо такрор намешаванд.
Фотима - Пас, чї хел мешавад?
Адолат – Магар намебинї? Њар кассу дави аспаш, ксбу кораш, шуѓлњояш, имкониятњояш. Ман ќоилам ба бепарвоии ту. Ана, ман њамагї се фарзан дорам, аз фикри сарнавишти онњо мўям сафед шудааст. Њозир фаќат дар фикри онам, ки чї хел маблаѓ ёфта мауллимњои тахассусї ёфта онњоро розї карда писарњоямро барои дохилшавї ба донишгоњ тайёр кунам. Дар шањр дар хонаи кадом хеш, ё дугонаву њамсабаќњои собиќам љой кунам, ки азоби мусофиратро накашанд, бемор нашаванд, дуруст хонанд.
Фотима – Ту соддаї, хоњар, дар таќдираш чї бошад, њамон мебинад.
Адолат – вале барои таќдири хуб таќдирљунбон њам лозим.
Фотима - пас, таќдирљунбонро њам Худо худаш вазифадор кардааст.
Адолат – Ба наздикї шумораи одамон ба 6 – миллиард мерасад. Худованди бузурвор ѓами кадом яки онњоро мехўрад?
Фотима – Гуфтия мондї, хоњар. Худо ѓами 6 – миллиард одамро мехўрдаасту њамин ризќи 9 љигарпораи маро људо карда мепартояд? Не, ќатори онњо ягон илољ мекунад.
Адолат – Ана, барои њамин, ки ягон илољ кунанд, ѓамашонро мо бояд хўрем.
Фотима – Хоњар шарт нест, ки њама хонанду маълумоти олї гиранд, соњиби вазифањои калон шаванд, шартнест, ки шикам монанду мошинсавор шаванд. Ба одам як пора нону як коса об њам кофист. Барои ман муњимаш онњо бошанд, њамин 9 – одамча фарзанди ман бошанд, ваќти пирї гоњ – гоњ сари болинам оянду рўзњои мушкилї ѓамхории якдиагр бошанд, дасти њамдигарро гиранд. Охир рўзи тую сур як “њой” гўиву аз дањ кунљи ноњия дањ хоњару бародар сар бардошта оянд, чї бадї дорад? Панљ хоњару чор додар ба њам зара не, фоида доранд. Афсўс, ки боз як писари дигар лозиму, аммо….
Адолат – Ња, боз як бечораи дигар намерасад.
Рањима – ана, барои њамин холаљон, ман умуман таваллуд кардан намехоњам. Хушдоманам худаша кушад њам аз фикрам намегардам, аллакай чораашро дидам. Зинда бод тибби МУОСИР!!!
Рањима - хуб шудааст, оча.
ОВОЗИ РОВЇ: - Рањима баромад ва Фотима дар байни андешањои ѓазили худ боз танњо монд.
Фотима – Ин чї хоб буд? Таъбири вай чист? Ба чї кори нодурусти ман вай ишорат мекунад.? Худоё, Худовандо, дар паноњат нигањ дор.
Овози ровї: - Хоби дидаи Фотима дубора дар хаёлаш таљдид мегардад. Тифли гањвора бедо шуда беист гиря мекунад. Фотима Аллой мехонад. (порае аз хоб такроран дода мешавад). Дар ин байн Рањима омада хавотиромез ба пешонии модар даст мебардорад. Ба чойи пиёла дору меандозад.
Рањима - Худоё, очем аллої мегўянд. Табашон баланд. Оча, гир. Чойи хунук….
Фотима – Ња? Чой? Рањмат…. Уф, чаро ин туруш? Дору андохтї?
Рањима - Не, дањонатон талх будагист. Таб доред, охир.
Фотима – Оњ…. Ту худатро гунањгор кардї, бачем!
Рањима – Худо нигањ дорад, оча. Чї гуноњ?
Фотима – ту ба љони додаракат ќасд кардї, ба чой доруи таб андохтї. Ин ба кўдаки ман зиён меоварад!
Рањима – Не, не, оча. Ором шав….
Фотима – Худо гуноњи азими туро бахшад…. Поко парвардигоро, аз гуноњи соддаи ман гузар кун….
ОВОЗИ РОВЇ: - АЊВОЛИ МОДАР ТАМОМАН ВАЗНИН ШУД.
ДАР АНДЕШАЊОИ МУБЊАМИ СУДУ ЗИЁНИ КОРИ ХЕШ РЎЗ ЊАМ БЕГОЊ ШУДУ ПАДАРИ ХОНАДОН РЎЗЇ ХАСТАВУ БЕњОЛ, ВАЛЕ АНДАКЕ ШОД БА ХОНА БАРГАШТ. РЎЗЇ ДУХТАРАШРО ДИДА АЗ ТАЊТИ ДИЛ ХУРСАНД ШУД.
Рўзї – Биё, духтаракам! Хуш омадї, тану љонат сињат аст? домод чї хел? Ќудоњо чї хел?
Рањима – Рањмат, дада. Як сари ќадам даромадам. Очем нотоб буданд….
Рўзи – Ња, ду- се рўз боз таб дорад. Хайрият, ки худат омадї. Туро бинад, бењтар мешавад, табаш мефарояд….
Рањима – (нимшунаво). Дада, шумо фањмидед, ки бемории очем аз чист?
Рўзї – Тахмин, зуком будагист.
Рањима – Зуком њам њаст, вале аслан, боз ба мењмони нав тайёрї мебинанд.
Рўзї – Мењмони нав? Э, не – е….
Рањима – Шумо хабар надоштед?
Рўзї – Не, Ким чї хел, андак маълум буд аз сарчархзании очету, ќасам хўрд, ки табаш аз вай нест. Худоё, акнун чї мешавад?
Рањима – Охир таваллуд карданро ба очем манъ кардаанд духтурон!
Рўзї – Бале, манъ аст, сари хишто рафианаш мумкин. Аммо чї кунем, ки кори Худо њамин будааст, хости парвардигор чунин бошад, аз дасти банда чї њам меояд?
Рањима – Чї, шумо ба кўдаки нуњў розї њастед, дада? Охир бе ин њам ањволи мо хуб нест, ба модарам хавфи марг тањдид мекунад?! Чї хел дидаву дониста пеши ин бадбахтиро намегиред?
Рўзї – Аз Худованд зўртар касе нест. Модоме, ки Худованд худаш лоиќ дида бахшидааст, маљбурем итоат кунем.
Рањима - ба очем дилатон намесўзад?
Рўзї – Шаккокї накун, бачем. Барои чї дилам намесўхтааст? Ман то њол нагузоштаам, ки модарат дасташа ба оби хунук занад, ягон кори вазнинро накардааст, њамааша худам ба гардан гирифтаам. Хайр, таваллуди фарзанд ќисми кори фармудаи илоњист.
Рањима – Ман намефањмам, дар хона орд тамом шуда истодааст, медонам, ки пул њам надоред. Хайр, ман хонаи шавњарам рафтам, боз њафт кўдаки хўранда њаст, нисфаш мактабхон, Толиб Имсол ба институт дохил шуданї. Барои вай пул ёфта метавонед?. Барояш келин фаровардан лозим, миён доред?
Рўзї – Мефањмам бачем, он ќадар гўлу гумроњ нестем, аммо чї кунем, ки Баъзењо ба нахуни фарзанд зор, вале намедињад. Аммо ба моён медињад. Модоме, ки Худованд додааст, ризќурўзиашонро њам медињад.
Рањима – Рўзї ба нишастан насиби кас намешавад, гуфтаанд. Ман дар њамин хона калон шудам, ба њаёт Баромадам, вале надидам, ки рўзї худаш омада бошад. Худатонро бо афсона фиреб надињед, дада.
Рўзї – Ин афсона нест, њаќиќат аст, бачем. Ана, ин сањар аз чї шод шудам? – Ду – се рўз боз додарат – Толибљон ба ман омада ёрї медињад. Ин сањар хўљаинамон ба вай дурустар нигариста гуфт, ки гирифту монаш маъќул шуд. Агар – гуфт, - розї бошї, писарата бо худам шогирд мегирам, њар моњ то сад њазор маош медињам. Гуфтам, ки тасадуќќатон мешавам. Чї кор будааст? Хўчаин гуфт, ки кори вазнин нест, аз ўњдааш мебарояд.
Рањима – Ва њоло Толибљон ба хизмати вай даромад?
Рўзи – Ња, иншооллоњ, аз камбаѓалї баромадем. Ризќи мо ба воситаи Толибљон меомадааст. Њар кадоматон насиби худатонро доред. Ноумед шудан лозим нест.
Рањима – Пас, зиндагї хуб мешавад?
Рўзї – Иншооллоњ, бачем нияти нек кунї, њамааш хуб мешавад. Аммо ањволи очет дар њаќиќат вазнин. Намедонам чї кор кунем? Ман намозама хонам. (Меравад).
Рањима – (Бо овози паст, ба андешањои худ фурў рафта).
Пас, дар фикри кўдаки худам андак саросема шудам? Не, не, не.
ОВОЗИ РОВЇ: - ДУХТАР ЃАРЌИ АНДЕШАЊОИ ХУД ГАШТА БОЗ ПАРЕШОН МЕШАВАД. АНДЕШАЊОИ МУХОЛИФ ЎРО АЗИЯТ МЕДИЊАНД. Ў САРАШРО ДОШТА МЕНИШИНАД. ДАР ЯК КУНЉИ ХОНА МОДАР АЗИЯТ МЕКАШАД. ДАР КУНЉИ ДИГАР ДУХТАРАШ.
(Овозњои номањфуми баалої монанди модару духтар садо додан мегирад ва овози њардуро гиряи пайвастаи кўдак њар гоњ пахш мекунад.).
ОВОЗИ РОВЇ: - ПАДАРИ ХОНАДОН РЎЗЇ НАМОЗАШРО ХОНДА БАРОМАДУ БА ХОНА ДУ НАФАР МЕЊМОН ШУДАНД. – АДОЛАТ ХОЊАРИ ФОТИМА ВА МУЛЛО ЊАБИБУЛЛО – ТАЃОИ РЎЗЇ. АЗ ДИДАНИ ОНЊО РЎЗЇ САРОСЕМА ШУД.
Рўзї – Биёед, таѓо, биё, Адолатхон. Хуш омадед.
Мењмонњо – Ассалому алейкум.
Рўзї – Чой мон бачем, дастурхон биёр. (Њолпурсии паст – паст идома меёбад).
ОВОЗИ РОВЇ: - МУВОФИЌИ ТАОМУЛИ АЉДОДОН МИЗБОНЊО АЗ ПАИ ОРОСТАНИ ДАСТУРХОН ШУДАНДУ БАЙНИ УЗИВУ МЕЊМОНЊО ДАР АВВАЛ ПУРСУПОСИ САМИМИИ ЗОЊИРАН ХЕШЕ ОЃОЗ ГАШТ. ЊАРЧАНД, КИ АЊВОЛИ ОИЛА БА ОНЊО МАЪЛУМ АСТ. АДОЛАТУ МУЛЛО ЊАБИБУЛЛО ГУЛПУРСЇ МЕКАРДАНД ВА ЊАРЧАНД, КИ ЊОЛИ РЎЗИ ТАНГ БУД, Ў ШУКРГУЗОРЇ КАРДА БА ЊАМА САВОЛЊО ЉАВОБИ МУХТАСАР ДОД ВА ЊАМАРО ГЎЁ БОВАР КУНОНИДАН МЕХОСТ, КИ АЪЛОН АЗ Ў ДАР ОЛАМ НЕСТ. ЛУТФИ МУЌAPPAPИИ ШАРЌЇ. МОДАРИ БЕМОРУ ДУХТАРИ ХОТИРПАРЕШОНГАШТА НИЗ ЌУВВАЊОИ ОХИРИНИ ТАНИ ХУДРО ЉАМЪ КАРДА, БА СЎЊБАТ Ё ХУД ГУФТУГУЗОРИ ОШКОРО ЊАМРОЊ ШУДАНД ВА НИЊОЯТ, МЕЊМОНЊО ВА МИЗБОНЊО БА САРИ МАЌСАД ОМАДАНД…. ЉИЛАВИ СУХАНРО МУВОФИЌИ ОДАТ АДОЛАТ БА ДАСТИ ХУД ГИРИФТ.
Адолат – Таѓои Њабибулло, ман бењуда шуморо имрўз инљо наовардам. Ба хонаводаи апаам хавфи калон тањдид мекунад. Маълум, ки кўдаки солимро танњо модари солим ба вуљуд оварда метавонад. Падар њамон ваќт ифтихор дошта метавонад, ки бачањояш сер бошанду танашон пўшида, модарашон сињатту ќаноатманд, фарзандонро ба муроду маќсад расонад, соњиби маълумоту касбии дилхоњ гардонад. Аммо язнаи мо, њарчанд, ки коргару зањматдўст аст, пули ёфтаашро барои табобати апаам сарф мекунаду барои давою табиби кўдакони навзодаш. Дигар, барои нигоњубини фарзандони калонраташ на ќувваташ мемонаду на на пулу на ваќташ. Шумо хабар доред, ки ба апаам таваллуд кардан мумкин нест. Метавонад сари хишт равад. Вале зану шў дидаву дониста худро ба аљал гирифтор карда истодлаанд. Ва њамаашро бо хости Худованд вобаста мекунанд. Шумо ба ин чї мегўед? Ба мо фањмонед, ки ин аз риояи дину шариат аст, ё њуруфотпарастист? Хоњарзодаамон Рањима бошад, таваллуд кардан намехоњад.
Њабибулло – Ташаккур хоњарам. Аммо волидон худашон чї фикр доранд?
Рўзї – Фикри ман њамин, ки бо хости парвардигор зид баромадан мумкин нест.
Њабибулло – Хуб, њамшира чї мефармоянд?
Фотима – Чї гўям? Дафъаи дуюм аст, ки маро бо марги сари хишт метарсонанд. Вале ман намурдам. Агар ба гапи инњо гўш мекардам, њоло дар гањвора Лабибаљони ширини ман намебуд. Вале, имрўз њар як садои нави вай бароям бањои ин олам мешавад. Охир ширинии Сухану рафторашро бинед. Аз ин хушбахтии бештаре барои зан – модар њаст? Ман хушбахтам, ки бо хости Худо фарзанд меорам ва бо хости Худо нахоњам мурд.
Адолат – Охир масъалаи тарбияи фарзандон, маълумотгирї, бахту саодати минбаъдаи онњоро фикр намекунї? Барои њар кадоми онњо хонаву дар лозим, барои тую сур маблаѓ лозим, як бемор шуда монанд, барои табобати њар як кадомаш маблаѓ сарф мешавад.
Фотима – Њамин ќадар халќи Худо њаёт мебинанд, ќатори онњо бачаякони ман њам насибаи худашонро меёбанд.
Адолат –Аввалааш ин, ки фаќат њамонњое рўз мебинанд, ки волидонашон Каме сармоя доранд, ѓайри хўроку пўшок онњоро хононда метавонанд, барои маълумот гирифтан њам маблаѓ лозим. Онњое, ки ба гуфтаи ту рўз мебинанд, маљбур роњњои ѓалатро интихоб мекунанд, чандин нафар бачањои хуб аз он, ки очањояшон таваллуд кардаанду ба кўча партофта ба њолашон монданд, аз пайи дуздиву авбошї рафтанд. Дигар чї њам аз дасташон меояд? Њунаре надошта бошанд, дигар роњи рўзгорбариро надонанд, маљбур ба њамин роњњо мераванд, бо нашъфурўшї, ќимор, савдои хом машѓул мешаванд ва барои њамаи ин шумо гунањгоред, очањо ва дадањои мўњтарам. Таваллуд кардану ба њолашон партофтан ба Умеди худо шудан шуморо ба љинояти азим – вайрону фосиќу нуќсондор љамъият мебарад.
Фотима – Уф, хоњар. Гуфтию мондї.
Рўзї – Ин ќадар њам набудагист, Адолатхон. Ана имрўз бухтарам ба њаёт баромадааст. Писарам Толибљон бошад, як кори наѓз ёфт. Хўљаини мо ўро ба худаш ёрдамчї карда гирифт. Ин бегоњ ба Маскав мебурдааст. Маошаш ќариб 100 њазор мешавад. Имрўз не пагоњ дигарњояш њам коргар мешаванд.
Адолат – Истед, истед. Шумо чї гуфтед? Толибљонро хўљаинатон ба Маскав мебарад? Њамон Шокир Бозоров?
Рўзї – Ња, чї буд? Одами зўр, пулдор….
Адолат – Шокир Бозоров одами нопок аст. писари шумо њамроњи Шокир Бозоров њаёташро бар бод медињад ва каппаи шумо њам батамом оташ мегирад. Мефањмед?!
Њама – Не – е!!!
- Наход?
Рўзї – Охир вай одами баобрў, пулдор….
Адолат – Он чї медонам ба шумо гуфтам. Њоло њам сари ваќт. Љияни маро аз љиноят баргардонед. Оќибаташ суд надорад.
Рўзї – Ё њавло ва ло ќуввата…. Дили худам њам ба ин барори осон бовар ї надошту мурад камбаѓалї. Номи пулро шунидаму эњтиётро фаромўш кардам.
Рањима – ана барои њамин, барои он, ки худаму кўдаконро азоб надињам, ман таваллуд намекунам! Ќарори ман ќатъист!
Фотима – Не. Не. Духтарам, шайтона пеш кун!
Адолат – Ту љиян, саросема нашав.
Рўзї – Љинояти азимро бар дўшат нагир, духтарам.
Рањима – Уф…. Њељ чизро намефањмам. Ба модарам мегўед, ки дигар таваллуд накунад, вале ў ба шумо гўш намекунад. Ман, ки роњи дурустро интихоб кардам, мегўед, ки таваллуд кунам. Кадомаш дуруст аст?
Адолат – Шумо ба ин мољаро чї мегўед, таѓои Њабибулло? Кї њаќ аст?
Њабибулло – Бидонед, азизонам, њама корњо бо хости Худованди Азза ва Љалл мешавад ва ин сўњбати мо низ фармудаи Ўст. Ба њамагон мусаллам аст, ки расули барњаќќи Худо Њазрати Муњаммад, алайњиссалом, чї фармудаанд: Бињишт зери ќадами модарон аст. “Бењтарин занон он аст, ки бачаовар ва мењрубон бошад” – фармудаанд он њазрат љои дигар. Ин њадис хоссайн барои духтарамон Рањима тааллуќ дорад. Шумо, духтарам, дар айни ќувваи љавонхастед ва меояд, ки барои баќои њастї, барои идомаи насли инсон, барои давоми умри худ фарзанд ба дунё оваред. Дарахти мевадор агар аз сармою гармо бењосил монад, онро мебурранд, њарчанд бузургу тавоно шавад, ба ин иллат бурида њезум бисўзанд. Модарон мову шуморо ба дунё оварданд, ки шукронаи онњоро ба љо орем ва мебояд, ки шумо ин рисолати худро дар рўи замин ба љо оваред.
Рўзї – Њаќ гуфтед таѓо.
Адолат – Офарин мулло – таѓо.
Фотима- Ба гапи мулло – бобоят гўш кун духтарам.
Рањима – Хуб. Бигзор гуфтаи шумо шавад. Лекин маљбур накунед, ки њар сол таваллуд кунам.
Адолат – Не, ин фикрат дуруст. Байни њар як кўдак се- чор сол фосила. Аммо дар мавриди апаам Фотима чї мегўед? Рисолати зан њамин аст, гуфта худро ба доми њалокат расондан дуруст аст? ин љо айби кї бештар аст? – Зўрии язнаам ё якравии апаам?
Рўзї – Ман зўрї накардаам, Њабибулло –танњо мехостам, ки писарњоямон њам зиёд бошанд, ду- тои аввал духтар шуд, баъди як писар боз духтар шуд….
Њабибулло – Ношукрї накунед, Рўзибой. Њазрати расули Худо фармудаанд: њарки фарзанди духтаре ёбаду ба ў эњсон кунад, њамон духтар дар рўзи ќиёмат сипари оташи вай шавад. Ва аз барои писар хостан ба зан азобу ранљро Раво доред, зомин шавед. Чуноне, ки амиралмўъминин Умар, разияллоњуанњу, фармудаанд: “ба занон ситам накунед ва эшонро озурда масозед, ва дар њаќќи эшон некї кунед, ки дар даст шумо гирифторанд ва бар шумо эшонро њаќ аст. њазрати Расул низ фармудаанд – бар занон зулм накунед”.
Рўзї – Хуб шудааст, таќсир. Аммо фарзандро Худованд лоиќ дида бошад, аз дасти мани банда чї меояд? Магар исќот намудани њамл гуноњ нест?
Њабибулло – Дар ин маврид њазрати Расул гуфтаанд: Бидонед: хирадманд он кас аст, ки бо фикри сойиб ва пешонии комил бо корњо рў ба рў шавад. Аммо дар амали шумо чї нољурист? Бидуни андешае аз оќибати кор аз паи њавои њирсу шањват гашта пайи њам тифлонро ба њаёт оваред, ва боиси тангдастии худу маризии модари фарзандонатон шудед, ва ин ду њолат боиси хастагии рўхии њама аъзои оила гардид. Ва њайрати Расул фармудаанд, китињидастї балост ва баъдтар ва тињидастї ранљурии љисм аст ва бадтар аз маризї бемории ќалбу рўњ аст. бинобар ин, пешбинии оќибати кор ба њар фарди мусалмон зарур аст.
Рўзї – Ман зид нестам, аммо….
Фотима – не, не, не. Илтиљо мекунам, ба ќудаки ман кордор нашавед!
Адолат - Пас, ин њама аз якравии худат? Ту беморї, апа, бемории НЕФРИТ! ба њалокат мерасонї худатрову фарзандатро! Фишори хунат ба 190 расидааст!
Фотима – ман баччакуш шудан намехоњам, ин Бадтарин љиноятро ба гардан намегирам.
Адолат – амаки Њабибулло, ин ќарор Магар боаќлона аст?
Њабибулло – Бале. Баччакушї гуноњи авфнопазир аст, аммо чї илољи корро барваќт ёфтан мумкин буд. Чаро бар сари њалли муаммое љон коњонем, њангоме, ки омили ба вуљуд наомадани муаммо дар дасти худи мост?
Адолат – Росташро Бигўй, апа, ту дидаву дониста худро ба ин бало гирифтор кардї, ё ин тасодуф асту ва аз назари шариат рафтор карданро ба худ талќин менамої? Росташро гўй.
Фотима – Росташро гўям, мехоњам дањ фарзанд дошта бошам, то, ки Худованд ба њамаашон сарнавиште насиб гардонаду аќаллан аз дањ якеаш давлатманд шаваду њамаро дастгирї кунад, дањ нафар бошанду њама ѓамхории якдигар бошанд ва дар рўзи бад дањ нафара якљоя њама мушкилото њал кунанд. Ё гапам нодуруст аст, таѓои Њабибулло?
Њабибулло – Аслан ягон нияти нек бадї надорад. Аммо Њазрати Расулуллоњ фармудаанд: Мўъмин нобояд худро хор кунад. Хори мўъмин бошад аз орзуњои беш аз имкони ў сар зананд. Шумо мардум, - Мегўяд Расули Худо – сохтмоне мекунед, кидар онњо нанишинед, ва молњое андўзед, ки онњоро нахўред ва ба чизњое умед бандед, ки ба онњо нарасед. Фаромўш накунед, ки сарнавишти фарзанд аз тифлї то ба соњиби оилаву рўзгори хеш шудан, тарбия, таълим, фаъолияти вай, хулосаи калом, аз гањвора то гўр масъулияти фарзанд бар дўши волидайн аст.
Адолат – Мефањмї, апаљон? Саломатии худатро фикр кун, гуноњатро зиёд накун.
Фотима – То ин замон модарони барои фарзанд љон дода ќањрамон мењисобиданд, чаро навбат ба мо расиду “бале” бало шуд?
Адолат – Осон ќањрамон шудан мехоњї? Фаромўш накун, ки ту боз њашт тифли дигар дорї. Ѓайри ту ягон кас ба онњо модар шуда наметавонад! Чї гуфтед, таѓои Њабибулло?
Њабибулло – Дар ин хусу њарзари Расули Акрам фармудаанд: малоика ба њоли чанд фирќа одамон гиря кунад, аз он љумла бар ятиме, ки Нимашаб бедор шаваду гирён суроѓи модар кунад ва ѓофил аз он, ки модар мурда. Доя бо дуруштї фарёд занад, ки чаро гиря мекунї? Кўдаки бечора мутаваљљењ ба марги модар шуда ноумед хомўш мегардад ва малоика ба њоли ѓурбати ў гиря кунанд. Њаргиз тифлони худро гирифтори чунин азоби алим нагардонед, модарон!!!
ОВОЗИ РОВЇ: - СУХАНИ ОХИРИНИ МОДАР ХОМЎШ МОНДА АШК АЗ ЧАШМОН РАВОН ГАШТ.
Фотима – Худоё, Худовандо, “кўдаки ятим ёи модари мурдааш кунаду доя бар ў ѓазаб кунад ва кўдаки бегуноњ дарди њиљронро фурў бурда зоњиран хомўш монад, вале маѓзи дилу устухонаш дар оташи ѓам бисўзад! На, ман њаргиз чунин сарнавиштро ба кўдаконам ва ба ягон тифли дигар намехоњам!!!”
Адолат - Хайрият, ки нињоят таги дили моро фањмидї.
Фотима – Барои саломатии фарзандон, барои шукронаи њастии њашт нафар љигарбандам, ба гапи шумо гўш медињам. Аммо шарти ман он аст, ки ба духтарам Рањима насињат кунеду ў аз таваллуд кардан гардан натобад.
Адолат – Бале, њоло ин вазифаи ўст, косаи давр ба навбат аст, навбат, навбати Рањима аст.
Рањима – Оча, бо ин эњсосе, ки дар бораи фарзанд сухан гуфтї, дар дили ман нисбат ба тифли оянда мењри шадиде пайдо гашт. Агар ту ба гапи инњо гўш дињиву барои мо саломатиатро нигањ дорї, ман ќарорамро дигар мекунам. Вале бисёр не, андак. Андаки хуб. Чї гуфтед, хола?
Адолат - Офарин! Боаќли холеш.
Њама – Хайрият, ки фикри солим ѓолиб омад.
ОВОЗИ РОВЇ: - Дар он лањзае, ки њама аз “ќарори умумии љаласаи оилавї” ќаноатманд шуданд, писари хонадон Парвиз боодобона рухсат пурсида даромад ва хабари нохуше расонд.
Парвиз – Мумкин?
Рўзї – Чї шуд, бачем?
Парвиз – Њамсояи Шокир – амак нав омад як хабарро расонду зуд рафт.
Рўзї – Чї хабар расонд?
Парвиз – Шокир Бозоров дар фурудгоњи Душанбе ьо нашъа ба даст афтидааст. Дар байни одамонаш акаам Толибљон њам будааст. Гуфт, ки агар тавонед, зуд рафта ўро халос кунед. Боз ба чанд кас хабар додан лозим гуфтаба мошинаш савор шуда рафт. Бе пул намешавад гуфт.
Рўзї – Худоё, Худовандо, аз гуноњам гузар.
Њабибулло – Ин чї корат буд, Рўзї?
Фотима –Ин чї бадбахтї аст? ана, хоби ман ба чї ишорат мекардааст?
Адолат – Ин њама аз зиёни беандешагї дар сари таваллуди фарзанд, наандешидани оќибати кор, барои ёфтани ќути лоямут худро ба дањони Шеру Дами шамшер задан!
Рўзї – Худоё, ба Умеди як – ду сўм ёфтан ба фикрам, хонумонамро сўхтам.
Њабибулло – Худатро ба даст гир, Рўзибой. Биё, зуд ба фурудгоњ равем. Ягон илољи халосї ёфтан мумкин будагист. Одамони њукумат ќилро аз хамир људо карда метавонанд. Ман ба онњо боварї дорам.
Рўзї – Хуб шудааст таѓо, меравем.
Њабибулло – Худованд худаш нигањбон шавад, Омин Оллоњу Акбар.
ОВОЗИ РОВЇ: - мардњо саросемавор аз хона мебароянд. Занњо танњо монданд.. ањволи модар вазнинтар шуд.
Фотима – Худоё, аз гуноњам гузар. Хоби дидам аз пеши назарам дур намешавад. Ин чї вартаест, ки ба ману фарзандонам тањдид мекунад? Њамааш айби худам. Дар њаќиќат, оќибаташро андеша накарда будам. Ман аз куљо медонистам, ки чунин мешавад? На, хато кардам. Дар њаќиќат аз боиси бисёр буданамон на нони серї мехўранду на ба орзуњояшон мерасанд. Толибљон духтур шудан мехост, дар њаќиќат маблаѓ ёфт нашуд, киўро ба шањр бурда хононем, љавони духтуршав маљбур шуд, ки бо кори тасодуфи рўз гузаронад ва оќибат тасодуф ўро ба доми бало андохт. Ѓолиб аз њоло ноумед гаштааст, соли оянда бояд мактабро хатм кунад, вале дигар ба хондан ањамият намедињад, њамаро бењуда мењисобад. Болои ноумедї Сараки Парвизи шоирнињолро њам ба дард овардааст. Аз боиси бисёрии фарзандону сарупои дуруст карда њам натавонистам, ба духтаракони паричењраи ман ягон хостгории бадавлат набаромад.
Рањима – Ба шумо бисёр нола кардан зарар дорад, оча.
Адолат – Ором шав, апаљон. Кори нашуданї шуд, аќалан ояндаро андеша кардан лозим. Рањимаљон модаратро танњо намон. Ман зуд рафта масъалаи мошини “Ёрии таъљили” – ро мебинам. Ба духтур бурдан лозим, апа. Чї гуфтї?
Фотима – Ихтиёрат, хоњарам.
Адолат – Ман зуд бармегардам. Боз Каме тоќат бикун, апаљон….
ОВОЗИ РОВЇ: – адолат шитобон аз хона баромад.
Фотима – Худоё, худовандо, аз гуноњам гузар кун. Худоё, бачаякони маро дар паноњат нигоњ дор.
САДОИ МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪЉИЛЇ” БАЛАН МЕШАВАД.
Свидетельство о публикации №223032700349