Чинояти одами бихишти радиопйеса
(моноспектакл)
Иштироккунандагон:
Шоњвалї – 72 – сола, колхозчии собиќ, љанговари собиќ, собиќаъзои правленияи колхоз, алњол хозонрўб.
Дар намоишнома Шоњвалї ба шахсони зерин таклид карда, гоње бо писханду гоње бо алам аз номи онњо сухан меронад:
Самеъбой – бои ќишлоќ.
Зайнаб – канизии Самеъбой – солњои 20 – ум.
Салим – писари Одил, хўљаини об.
Њалим – писари Одил, механизатор.
Рањим – писари Одил, ариси КЖКП. Солњои 80 – ум.
Зайнаб – коргари КЖКП.
Воќеањои солњои 20 – ум ва имрўз.
Дар намоишнома ашъори шоирони тољик истифода шудааст.
Хиёбони маркази район. Торикї. Дар байн фонусе хира месўзад. Аз ду тарафи фонус ду кундаи аз бех арракардашудаи дарахтон, зери фонус харак, болои фонус радиоузел.
Шоњвалї ѓазалро замзамакунон, хазон рўфта меояд.
Шоњвалї –
Гар кунам бо ин сари пуршўр болин сангро,
Аз тарар парвоз хоњад гашт тамкин сангро.
Ман ба дарди норасоињо чї сон дўзам нафас?
Мекунад бедаступої нола талќин сангро.
Дидаи бедорро хоби гарон зебанда нест,
Эй шарар, то чанд хоњї кард болин сангро?
Сози ин кўњсор ѓайр аз нола оњанге надошт.
Орамдан ин ќадарњо кард сангин сангро.
Аз шикасти мо салои шиква натвон ёфтан,
Шиша ин љо мекушояд лаб ба тањсин сангро.
Хоби ѓафлат, мешавад по дар рикоб аз мављи ашк,
Дар миёни об, Бедил, нест тамкин сангро.
/Бедил/
Шоњвалї ногоњ замзамаро ќатъ карда аз замин якчанд барги сафедрро мебардорад.
Эњ…. Э вой, дод – е! дар ин дунё адолат њаст? Њаќиќат њаст? Њой кўри Одил, то кай ту бар ман љавру љафо мекунї? Не, кифоя. Бист сол тоќат кардам, акунун бас. Ман одами бињиштиям, њасуди ягон касро нахўрдаам, ѓайррдаам, љои ягон касро нагирифтаам, ба зани ягон кас чашм ало накардаам, ягон бор анонимка нанавиштаам, ба њарому њалоли ягон кас кор надорам. Вале ту, Кўри Одил, то кай њаќиќатро поймол мекунї? Валло, ки худи њамин рўз ба обком меравам, он љо, ки њал нашуд,Э рост ба ЦК меравам, он љо њам, ки нашуд, рост ба Маскав меравам! Он љо њам нашуд, рост ба ООН меравам! Сад бор гуфтам, ки дар гузари ман фаќат дарахти чанор њаст, њамаи сафеддорњо дар гузари ту. Њатто барои аниќ кардани гузарњову дарахтњо як сафедору маљнунбедаки байнро бо сад бањона бурида партофтам, вале фоида надод: 20 сол боз дар гузари ман сафеддор ёфт мешавад. Сардор маро 20 сол боз коњиш мекунад, ки хазони охири кўчаро намерўбам, вале намепурсад, ки дар кўчаи бесафедори ман барги сафедор аз куљо пайдо шуд, ин хазони кї, аз они ман аст, ё аз они Кўри Одил? Не, акнун нашуд, шикоят мекунам, онаи зората ба чашмонат нишон медињам! Ман на аз ту метарсаму на бачањои калоншавандаату на аз шиносњои раисшавандаат. Даври тарсу зўрї гузашт. Њар як зўрњое гузаштанд, ки Туву бачањову љўрањоят дар пеши пои онњо бозичаї. Чї корњое намекарданд? Њатто метавонист хизматгорашро маъшуќа кунад. Ана, вайро зўр мегуфтанд рўшної дигар мешавад. Шињаи аспону овози аробањо, хандаву гиряи одамон, ошўби корфармонњо, садоњои хоси ошхонаи бой ва амру фармонњои худи Самеъбой бо мусиќї љўр мегардад. Шоњвалї аз љониби бой садо медињад.
Овози Самеъбой – Њой, аспњоро наѓзакак ќашав зан: пагоњ ба сайри Самарќанд меравем…. Њой дангоса, гўсфанњоро хароб кунї, чарбўи баданро канда мегирам…. Ња, еми говњоро њоло њам надодаед? Гов барин каллата мебурам! Зуд бош!
(Шоњвалї хаёлан зани бойро навозиш мекунад.)
Ња, ойбикаљон, тасадуќќи љамолатон шавам, шодї кунед. Њама чизи фармудаатон ёфт шуд. аз Бухорои Шариф б шумо ана ин парча кафши булѓол. Ана ин ду аспи сияњмушкин махсус барои сайри Самарќанд….
Шоњвалї бовиќор хаёлан назди канизаш Зайнаб меояд.
Ња, Зайнаб? Отунчањо барин нашин, ту њам љунб андак. Ду моњ гузашт, охир. њоло њам мотам мегирї? Шуд акнун, кифоя. Парво накун, ман худлам ба ту… шавњар… ёфта медињам…. Пештар биё. Пеш…. Дар ин китфам гард шиштааст, тоза бикун, мегўям. Ња, бале, болотар…. Боз андак…. Бале. Шуд. гиря накун…. Гуфтам – ку, худам ба ту шавњар… ёфта медињам. Ин куртаи сиёв ба ќадат Аљаб зебидааст…. Дили Самеъбой – акета хафа накунї, ба њама орзуњоят мерасонад. Наѓз медонї, ки аз њамаи бист хизматгор фаќат ба ту эътиќод дорам…. Ња ба ту имрўз љавоб. Кўдаката гиру рафта дуои љони бой – акета карда, якта ќайлаи манбоб паз, бегоњї барои ба арвоњи шўи худорањматиат фотења хондан ба кулбаат меравем. Парво накун, сари бой – акет саломат бошад, њељ ваќт хор намешавї. Ња, не нагўй. Гапи бой – акет якта. Бой – акет њељ гоњ аз гапаш намегардад….
Шоњвалї - њамон шаб таги тирезаи хонаи Зайнаб метафтї, ана инро мешунидї….
Овози Зайнаб – Аллаё – Алла. Хоб кун, бачем, хоб кун. Калон шавад, пањлавон шавад, Самеъбой – амакаш барин бою бадавлат шавад… аллаё – Алла. Вале Самеъбой барин баднафс нашавад, ба зани ѓайр нигоњ накунад бачам, Аллаё – Алла…. Хоб кун, бачам, овози туро шунида, боз хуни Самеъбой наљўшад, аллаё – Алла…. Мардум рост мегуфтанд: дадаи берўзии туро њамин бой – боят таги тарма равон кардааст, то, ки ба њамин очаяки љигаррехтаат дастдарозї кунадм – е, аллаё – Алла…. Хуб кун, бачем, хоб кун, бомдод шуд, охир – е. бас, ки боз Самеъбой меояд - е. чашмонаш хун гирифтааст – е, дигар тобу тавони љанљонлу кашокаш намонд – е, аллаё – Алла….
Худоё – худовандо, дар дили Самеъбой имон андоз – е. шармандаю расвлои олам нагардон – е, аллаё – Алла…. Тезтар калон шаваду маро аз чанголи бой халос кунад – е…. Ана, боз омад – е, наздик нашавад – е, бой дада – е, аллаё – Алла. Дод мегўям, бой – дада – е, аллаё – ал…. А- -а –а –а!!!
Рўшної дигар мещвад.
Шоњвалї – Њамаи инро фаромўш кардї, Кўри Одил? Ќудрати давру фалаки гардона дидї? Дар хотират њаст, чї тавр њукми Самеъбой нораво шуд? Чї тавр падари бечораю сархами ман сар шуда, сомеъбойро кўлок кунонд? Баъд ба аспи сиёњмушкини бой савор шуда, аз паси худи Самеъбой, ки ёѓї шуда, кўњ ба кўњ гурехта мегашт, асп медавонд?
Аз радиоузел суруди зерин садо медињад.
Эй ситамдидагон, эй асирон!
Ваќти озодии мо расид!
Муждагонї дињед, эй фаќирон.
Дар љањон субњи шодї дамид!
То ба кай ѓусса хўрдан бо њасрат?
Баъд аз ин шодмонї намо!
Бас љафо, бас ситам, эй адолат,
Дар љањон њукмронї намо!....
Шоњвалї – Ту аз ман натарс, аз замона тарс. Самеъбой, ки бо њамон њамшамату канизу ѓўломаш аз сари Зин афтод, ту мисли пўки дањони шапон мепарї! Њама гуноњатро дар гарданат дайн накунонам, нисари падарам набошам!
(Шоњвалї љасурона чанд ќадам гузошта равон мешавад, вале ногоњ дар љояш шах мешавад. Дастаи пур кулоњи харак хобидаро равшан мекунад).
Кист ин љо? Кї хобидааст?! Кўри Одил? Не, вай кулоњ намепўшад. Писараш? Не…. Махсус одам мондааст. Аниќ. Ана бало зад. Акнун чї мешавад? Охир ман ўро њаќорат кардам?!
(Гулў афшонда узромез сухан ронда ба кулоњ наздиктар меояд).
Мулло Одил, ту худат наѓз медонї, ки ман як одами бињиштиям, то њол дили ягон кас аз ман хафа нашудааст. Мањз барои он, ки ягон касро беихтиёр наранљондаам, раиси колхоз нашудам, мудири фермаи хук нашудам, њатто депутатиро њам нахостам. Албатта, ман њам мансабу амал, албатта, албатта дили як кас не дили як кас аз мемонад. Њатто дили кали Њасан намонад гуфта, ту наѓз медонї ишќи хоњари ту – Фариштабонуро дар дилам куштам. Бечора Фариштамоњ њар гањ, ки маро медид, худашро ба нодонї мезаду, лекин ба ноз мехонд:
Ман ри туам, намешавам ёри касе,
Дар банди туам, намешавам ром ба касе.
Он косаи шарбате, ки бо њам хўрдем,
Њаргиз нахўрам шароб дар љоми касе.
Он замон мисли њозира вохўрдану мучї – мучї карданњо расм набуд. Аз дур медидему аз дур месўхтем. Фаќат як бор тасодуф шуд, ки танњо ба танњо дар љои паноњ дучор шавем. Њамон ваќт њам аќалан як боракак мучї накардем, вале фањмидем, ки диламон як хел тап – тап мекунад. Ќарор додам, ки худи њамон бегоњ ба падарам њамаашро мефањмонаму хостгор мефиристем. Вале пешинї фањмидам, ки кали Њасан аллакай барои Фаришта одам мондааст. Инро фањмондаму ба Фаришта фањмондам, ки дили дигаронро озор додан лозим нест. Кали Њасан њам ба умед ба дунё омадааст. Ана, њамин хел, барои дигаронро хафа накардан њатто муњаббати худмро дар дилам куштам.
(Љорўбашро хаёлан камон пиндошта падарашро ба нишон мегирад).
Эњ, падар содда набошї, охир њамон китобњои кўњна ба ту чї лозим буданд? Љоят љаннат шавад, ота, вале гапи раиси колхоза гўш кардан лозим буд. Охир раис – њукумат буд. Гапаш – гап буду хўкмащ ќонун: Китобњои кўњнаро нахон, ки гуфт, нахон буд. Боз вай китобњои њарфњои каљмакаљаки арабї доштаро дар хона пинњон кардан чї дакор буд? Фарќаш чї, ки вай аз они Њофиз буд, ё Рўдакї. Ана, Мањмуди Кўсаю кали Њасану худи ман на китоби навашро ба хона роњ додему на кўњнаашро, на арабию на форсиву на лотиниву на урусиашро. Чї шуд? – Њељ чиз, як сари мўй кам нашудем, баръакс, њама корњоямон пеш рафт. Вале ту соддагї кардї, падар, соле, ки барои кишти пахтаро зиёд кардан фармон омад, боз зидди раис баромада. Охир ба раиси калон тую ман кардан чї лозим буд? Хайр, чї фарќ дошт, ки раис як ќисми заминро Неву тамоми боѓу майдонњоро пахта кард? Чаро ту ду поятро дар як мўза тиќќонда, не гуфтї? – њама замин барои пахта мувофиќ нест, гуфтї? Як ќадар гандуму љав коридан даркор гутї? Боѓи Шамолро барои пахта решабур намекунам, гуфтї? Барои мардум ѓаллаю мева њам даркор гуфтї? Соддагї кардї, ота, соддагї. Охир ба мардум чї кор доштї? Охир маќсади раис њам дигар буд: вай бо ин кораш рекорд нишон дода, колхозро машњур кард, ба худашу чандин Каси дигар орденњо гирита дод. Фаќат ту зид баромадї. Ин мукофотњо ѓайри ќонунї гуфтї. Вале раис њам дигар туро сар надод, душмани халќ эълон кард. Ва орган маълумот дод, ки дар хона китобњои кўњнаро нигоњ медорї. Ман њам бе ягон гап ба адомњои орган љои китобњоро нишон додам. Ман, албатта, медонистам, ки он китобњои шумсабидро месўзонанд, вале гумон надоштам, ки пас аз ин падарамро њам… мепаронанд. Њозир Намедонам, ки ин оќибатро пешбинї мекардам, росташро мегуфтам, ё не. Шояд ба њар њол мегуфтам. Чунки ба њукумат гапи ростро гуфтан даркор.
Охир, раис њукумат аст, ба роњбари калон итоат мекард, роњбари калон ба худи доњии мо – Сталин! Сталини мо бошад, хирадманду некбину тавоно аст!
Аз радиоузел шеър мехонанд.
Ватан, мењрат ба дил азбаски љо шуд,
Дилам аз хуррами чун ѓунча во шуд.
Дигар ин халќ нест, он халќи содда,
Ки монад роњ, ба душман кушода.
Чароѓи аќли вай дар субњи Ленин,
Дурахшон шуд зи хуршеди Сталин.
Сталин баски равшан мекунадроњ,
Намегардад дигар ин халќ гумроњ.
Агар бар яксаду њафтод милён
Ворошилов якбора дињад фармон,
Кунад парвоз њар тири мо чун барќ
Аз он душман шаваддар хуни худ ѓарќ!
(садои тир баланд мешавад. Шоњвалї бењушона меафтад).
Ана, њамин тавр, бо фармони њукумат њукми ќатли… падарамро њам… ман… иљро кардам… чї ќадар мехостам, ки тирам… хато нахўрад, то ки падари бечораам беазоб љон дињад… вале дастам ларзиду тир… болотар аз дилакаш ќарор гирифт…. Барои ин гуноњ ќариб, ки худи маро њам мепарондан. Раис даъво кард, ки ман ин корро њамчун “писари халќ” махсус кардам. Хайрият, ки командир асли воќеаро фањмида тарафдори ман шуд ва њатто ба орден пешбарї намуд…
Пас њама аскарњо фотењаи ѓалабаро хондем:мо Лашкари бошавќати љањонем,
Ўрдуи зафарпешешаи Даврони љањонем.
Бо байраќи Ленину Сталин равонем.
Тайёр ба фармони ватан аз дилу љонем.
Сталини мо, падари мо,
Бахшандаи ободию фатњу зафари мо.
Њар соату њар лањза бувад њамсафари мо,
Шамъи хиради мо, маяки шўълавари мо.
Њамаи ин корро барои њаќиќат кардам, барои пешравии кори њукумат кардам. Туро њам, Мулло Одил, барои њамин фош мекунам, набошад, озори кас касабаи ман нест. Хайр, боз як бор мефањмонам.
Чанде љорўб кашида ба кулоњ наздиктар мешавад.
Раис, мебахшед, чанг мешавад. Бемалол бошад, ба ин харак гузашта дам гиред. Хобатон бурдааст? Сањарии солењатон таги дарахт аз бињишт бењтар аст, вале як љорўб….
Ногоњ ба кулоњ назар карда,онро чанг зада мебардорад. А –а – а-?! Њељ кас нест – ку? Ин кулоњи Ким – кадом як майзада. Э, бўи шаробат дар гўр! Э, рўи ту њам сиёњ, Шоњвалї! – барои сарпўши як майзада ин ќадар лобаву зорї кардї!?!
Ба ѓазаб кулоњњоро ба замин партофта, лагаткўб мекунад, пас ба тарфе мепартояд.
Хаёл кадам, рўњи падарат Мањмуди Кўса аз нав зинда шуд. ба касофатии падари ту барин Гапчину хабаркашњо мардум тарсончак шуд. ман наметарсам, ман аз фашисту танку тўпаш натарсида, то худи Берлина рафтам!
Вале охир то Берлин сињату саломат рафта оиву аз барои як гапи бељои нохост дар њаќќи калоншавандае гуфташуда, барои як беэњтиётии ночиз, барои як тўњмати мањз, барои њамаи ин чизе, ки ба сардорат маъќул набошад, нест шуда рафтан аломовар аст, як кори бемаънї аст! чї ќадар худи маназ дасти падари хабаркаши ту азобњо дидам?! Ёд дорї, 25 сол пеш ваќти маро ба мудири агроусатка пешбарї кардан, чї њодиса рўй дода буд? Якбора асабњоям ба ман итоат накарданд…. Фаќат як бор….
Рўшноии сањна дигар мешавад.
Шоњвалї - (Зоњиран ба њамсараш шикоят мекунад). Кадом аблањ, ин бачаро раис Таъин кардааст?! Боз даст намонд. Бо ранги нофармон ариза навиштан лозим мегўяд. Дафъаи гузашта бо ранги сурх навис гуфта буд. Ба фикрам ин маънии пули 10 сўмаю 25 сўма аст. вале ман ин хел карда натавонам. Тарс дорам, маро гунањгор карданашон мумкин. Баъд, охир, ба кадом рўй пора дињам? Охир ин њамон бачаи кали Њасан – алии масхарабоз нест, ки барои бесаводиаш се бор аз институт пеш карда буданд? Њар боре, ки ба бозори Душанбе бодиринг мебурдам, дар дасташ як тўрхалтаи калон Давида пешам меомаду пур карда мегирифт. Ана акнун шон калону аз ман пора гирифтан мехоњад. Ман њайронам, ки умуман, ўро чї хел дар ин вазифа нигоњ медоранд? Плани пахта буд нашуд, плани ѓалла буд нашуд, њаммом чор сол боз мањкам, клуби колхоз пиллахона шуд, њар куљо дузду муттањаму араќхўр буд, ёр гирифт. То кай ин ањвол давом мекунад?! Бо ин ањвол мо то соли 1980 чї хел коммунизм месозем?
Садои гўшкаркунандаи наќора сухани шоњвалиро мебурад. Шарфаи пой. Сояи Мањмуди Кўса пайдо мешавад.
Шоњвалї – Кист ин љо? А –а, Мањмудљон? Биё, њамсоя. Биё, садќа…. Не, њамту чаќ – чаќ мекунем…. Ња, албатта, раиси мо одами зўр, худаш якта… аз љавониаш бачаи пухта буд. Њар боре, ки Душанбе бодирингфурўшї мерафтам, дар дасташ як тўрхалтаи калон меомаду пури бодиринг …. Э, гўр њушам шавад, тўрхалтаи пури китобиашро оварда, барои ман китобњо хонда медод…. Не, не, не. Дар даври њамин Алиљон колхози мо колхоз шуд. аллакай њамон солњое, ки институт себор яксолї алиљонро ба колхоз барои ёрї фиристод, ќомати колхоз рост шуд. Ња, ин кўчањои равшана бину, ин пахтазори шукуфона бину, ин ѓаллаи фаровона бин. Аз њаммоми хушкаш гап занам, ё аз ресторанчааш? Аз клуб ё китобхонааш? Одамњои кордидаю корбудкунро дар гирдаш ѓун карда, шабу рўз, њатто дар сари араќхўрї њам ѓами колхоза мехўрад. Аз Алиљон дидараиси донову кордон њаст? – нест. Бо роњбарии чунин раис, колхози мо гул – гул мешукуфад. Бо њамин хел роњбарњо моалбатта коммунизм месозем….
(Бо чашми ашкбор вале бо лаби хандон бо Оњанги тавалло вале пур аз дањшат шеър мехонад.)
мамлакат аз њикмати мењнаткашон гул мекунад,
сабзу хуррам гашта боѓу бўстон гул мекунад.
Њељ медонї, Магар, эй офтоби шўълавар,
Равшании бахти мо партавфишон гул мекунад!
Зебу зиннатњои мулки мо бувад аз њад фузун, бол, эй табъам, ки шеъри шоирон гул мекунад.
Дасти ќудратноки Сталин Ватанро гул кунонд,
Бо њамин ќудрат, яќин, Фардо љањон гул мекунад!
(Бо тавозўъ хам шуда пойбўсї мекунад, вале садои наќора њама овозњоро пахш мекунад.)
рўшноии сањна дигар мешавад.
Шоњвалї – Њарчанд зорї кардам, фоида надод, ман раиси агроучастка нашудам. Чунки падари ту хабар дод, ки ман ман дар шахси раис њукумати Советиро њаќорат кардам…. Барои аз њабс халос шудан маљбуран бо фармони раис ба оѓили гўсфандони Салим - партизан кўраки пахта рехтам. Пагоњї маќсади раисро фањмидам: одамњои њукумат бо сардории раис Салим – партизанро барои дуздидани пахтаву кўрак гирифта бурданд, дањсол доданд. Баъдтар инашро њам фањмидам, ки Салим аз болои раис ба райком шикоят кардааст, раис бошад, бо ин кори ман ба салим тўњмат карда ба дасти ман ќасосгирифтааст….
Баъди ин њушам ба љояш омад, вале асабњои дар љанг харобгаштаам боз як бори дигар дошт надод….
Рўшної дигар мешавад. Шоњвалї зоњиран дар назди зани бемораш нишастаас. Зан мудом нолиш мекунад.
Шоњвалї – Тоќат кун, очеш. Ин кањобаро дам каш. Шояд шафоат кунад.
Садои нолиши зан.
Шоњвалї – Охир, чї кор кунам? Аз дасти дутури гарданшикастаат њељ кор наомад. Ду доруи тасф навишта доду бо њамин љонашро халос кард. Дар беморхонаи шумсабилаш њам ањволат бењ нашуд.
Садои нолиши зан.
Шоњвалї – Як одами дуруст гуфт, ки ба умед нашавам, духтурњо ба љо дору бо об укол мекунанд. Доруро мисли нашъ истифода мебаранд, доруњои камёфтро ба ёру љўрањояшон бо нархњои гарон мефурўшанд.
Садои нолиши зан.
Шоњвалї – Пас аз шунидани ин гапњо дигар нами тоќат намонд. Чї хел пеши Мулло Яњёи Кулўла рафтам, худам бехабар мондам.
Садои нолиши зан.
Шоњвалї – Ба њар њол \ќуввати дил шуд. охир, аз мо чї рафт? – Мулло на навьат гуфту, на “картўшка” гуфта гаранг кард, худаш хеста омад, бо гапи хуш дилатро бардошт. Ба одами хокї боз чї даркор? Хайр, чї, ки пас аз чилёсинхониаш чанд ккас њалок шуд? њар аз насибу таќдираш мебинад.
Садои нолиши зан.
Шоњвалї – Рости гап, хоњарат ба љонам расонд. Гуфт, ки њама мардњо ба мард монанду як ту ќонундон! Гап нарасад гуфта, ман атеис гуфта, саломатии хоњарама ба ду пули пучак намегирї!
Садои нолиши зан.
Шоњвалї – Аслан, айби худат. Ба гапам гўш накардї, ман зани озод гуфтї, фаранљиро барваќт партофтам гуфтї, ба кори пахта баромадї. Њарчанд фањмондам, ки аз сарат фаранљиро гирифтанду ба дастат каланд дода, кор мефармоянд: туро озод эълон карданду вале ѓуломи колхоз шудї, пеш хизмати бачањоятро мекардї, акнун њам ину њам кори њукуматро, акнун бачањоят бепарастор мемонанд, чунки на дар хона шароите њасту на боѓчаи дурусте дар колхоз, ба гапам гўш накардї, маро љоњил, кўњнапарст, феодал хондї, бачаи ширмакатро гирифта ба кори пахта баромадї. Ана, оќибат чї шуд: аввал кўдак аз зањри доруи пахта њалок шуд, баъд ту њам афтидї – њам аз зањри пахта, њам аз зањри фироќи фарзанд.
Садои нолиши зан.
Шоњвалї – Боз њам мо – мардњоро гунањгор мењисобанд, вале, эй мусулмонњо, ман, ки маљбурам аз субњ то ними шаб дар сањро каланд занаму њатто рўи кўдакњоро дар бедориашон намебинам, кай, чї хел ба занам ёрї дињам? Ин њам вазифаи ман бошад, њукумат чї кор мекунад? Охир занњои мо њам ба њукумат ѓуломвор кор мекунанд?!
(Овози ба њуштак монанд. Шарафи пои одам. Сояи Мањмуди Кўса пайдо мешавад).
Шоњвалї – Кист? Мањмуд? Биё, њамсоя…. Не, њастари зиндагї. Не, зиндагии худамон. Албатта наѓз. Бењтар шуданд…. Рањмат ба духтурњоямон, дасташон дарда набинад. Тамоман дуруст шуд. дар сояи давлати Советї як табассум бикун, очеш.
Садои нолиши зан.
Шоњвалї – Ќудрати илми тибро бинед, ки мурдаро аз нав зинда кард! Давлати сари бачањоят шуда, як табассум бикун, очеш.
Садои хандаи зўракии зан.
Шоњвалї – Офарин! Мо њељ касал намешавем, чунки њазорњо духтурњои маълумоти олидор њастанду саломатии моро посбонї мекунанд ва агар лозим шавад, доруњои дуздида ба хона бурдаашонро …. Э, аз хона доруњои худашонро оварда ба беморон медињанд. Як хандаи каф бикун, очеш….
Хандаи ба гиряи монанди зан.
Шоњвалї – Мо њељ дардро њис намекунем, чунки доруњои бењтарин дар дасти мо аст, чунки давлати мо бењтарин дар љањон аст! мо њељ гоњ намемирем, чунки духтурњои мо барои саломатии мо љонашонро ќурбон мекунанд. Як ханда бикун очеш…. Занњои мо намемиранд, чунки онњо ќањрамон, депутат, обрўи мо, шаъну шарафи мо!
Садои хиш – хиши гулўи зан.
(Шоњвалї бо табассуми сохта шеър мехонад).
Духтару зан ба даври тоза кунун тавоност,
Роњи мунаввари ў – роњи њаёти зебост.
Ў ба замин фаровон кишткунандаи зар,
Ў ба ќатори мардон шердилу музаффар.
Ў зи нињолњояш пахтаи чун гуњар чид,
Мўњратаму баѓайрат, соњиби ном гардид….
Садои хиш – хиши зан.
Шоњвалї – Ба ту чї шуд, очеш?
Хомўшї.
Шоњвалї – Ба ту чї шуд? Гап зан, … Очеш…
Хомўшї.
Шоњвалї – Не. Не! Не!!!
Хомўшии дањшатангез.
Њуштаки кашишдор овози ўро пахш мекунад. Шоњвалї ба љои аввалааш бармегардад.
Шоњвалї - Ана њамин хел, Кўри Одил, аз боиси падари ту њам мансаб аз даст рафт, њам занам, барои аз љазо халос шудан бошад, ин дафъа ба гунњи љўраи љониам, сардори агроучастка Амони Замон бардурўѓ шањодат додам. Њарчанд, ки борњо ба ман ёрмандї карда буд, ба маъракањоям сару бар мешуд, аз писари падарам зиёдтар ба ман мењрубон буд…. Шоњодат додам, ки ба ман даѓалї мекунад, ба њавлиаш бурда маљбурї кор мефармояд ва аз њама асосиаш, ман барои вай аз ѓарами колхоз як мошин беда овардам…. Барои раис њамин ќадар шањодат кифоя шуд, ки Амони Замонро аз кор гираду ба љояш як љўраи њамќадамашро хўљаини участка таъин кунад.
Баъди ин маро 15 сол аъзои правленияи колхоз интихоб карданд ва ле 15 сол расо ягон бор дањон накушодам, фаќат ба гапи роњбарњо розї шуда даст мебардоштам. Ана, барои њамин маро одами бињиштї меномидагї шуданд.
Аз радиоузел шеъре садо медињад.
Чї ишќ – ишќи рањбарам.
Фитода аст бар сарам.
Мудом мењри рањбарам,
Ба сина парваридаам.
Ба рўзи босаодату
Њаёти хуш расидаам.
Ба мисли ман њазорњо
Њазорњо дар ин диёр.
Тамоми халќи мамлакат
Ба ишќи вай ќадам занад.
Зафар ба табрик ояду
Њазорњо раќам занад.
Шоњвалї – Вале акнун замона дигар шуд, акнун њамаашро рўирост мегўям. Ин хазони норўфтаатро аз сарат сабил накунам, аз камари падари худам набошам. Хаёлат сирру асрори тую бачањоятро Намедонам? Наѓз медонам. Аввал аз кирдори писари калониат Салимсар мекунам. Фаќат ман сирри пешравии кори ўро медонам. Дина барои њалли масъалаи оби водопровод ба комиљроияи вилоят, пеши раис нав рафтам.
Салим маро диду илтимосу зору кард: амакљон, оби оби чашми бачањота хўрам, илтимос, аризаатонро гирифта рост ба Совети Вазирон баред. Ёд доред, дањ сол пеш шумо бо як ариза пеши раиси колхоз омадед. Раис аризаатонро ба ман, ки нав ПТУ – ро тамом карда омада барои ягон вазифачаи кирої дар атрофи идора тор танида мегаштам, доду гуфт, ки ягон илољ ёфта тавонам, вазифаи дуруст медињад. Маълум шуд, ки гапи ду њамсоя – Шоњину Хўљабї напухтааст ва бо нияти ќасос Шоњинќул ќубури водопроводро аз байн бурида дастак гузаронида, мањкам кардааст ва бо ин тамоми мањалла беоб мондааст. Њељ чизи дигар ба сарам наомаду рост ба пеши Шоњинќул рафтам. Ба пеши пояш садќа шудаму гуфтам, ки аќалан як соат обро сар дињад. Бечора, не нагуфта оба сар дод. Њамаатон хурсанд шуда як справкаро диду “ ин бачаи балло будааст” гуфта маро сарустокалонњои водопроводњои колохоз таъин кард. Вале пас аз ду соат Шоњинќул обро басту шумо ариза карда пеши калони район даромадед. Калони район аризаи шуморо ба раис доду раис ба ман. Ман бошам боз њамон њилларо кор фармуда, аз шумо справка гирифтам. Калони район њам справкаро диду “Э, ин расо бало будааст” гуфта маро сарустокалони водопроводњои район таъин кард. Вале, садќааш навам, акаи Шоњинќул боз обро баст. Ин дафъа шумо ба калони вилоят навиштед. Калони вилоят онро ба клони район фиристоду ваъда њам додам, ки баъди ягон сол хатти нави водопровод мегузаронам. Пас аз ин маро сарустокалони водопроводњои вилоят таъин карданд. Илтимос, аризаро ба Совети Вазирон нишон дињед. Шояд ба шарафи шумо маро калони водопроводњои тамоми республика таъин кунанд. Оби чащми бачањота хўрам, розї навед….
Аз радиоузел шеър мешунавонанд.
Давонда реша њар хоњони курсї,
Ба курсї њамчунон дандони курсї.
Кунам доим дуои љони курсї,
Зибас болсот аз поёни курсї.
Билангад, гарчи бошад пой чораш,
Фурў ѓалтида аз ў нангу ораш.
Њамебояд намудан сангсораш,
Ки гашта эй басо ќурбони курсї.
Газида ў бо дандон курсии худ,
Њазорон корро кардааст нобуд.
Бимон пеш, эй замон, кафши варо зуд,
Ки умре буд ў мењмони курсї!
Шоњвалї – Бачаи дигарат Њалими Фунгї њам ба шарофати ман одам шуд. як рўзи Саид пеши ман омаду илтимоси бисёре кард: - акаи Шоњвалї, дар тори мўйлабат садќа, порсол 180 тонна пахта чиндам, ба ман як грамотю як соат доданд. Раис мегўяд, ки Имсол 400 шавад, якта орде медињаду якта “Жигулї”. Илтимос, ба писарарто гўед, ки соли оянда пахтањояшро ба номи ман гузаронад.
Хайр, чї њам мегуфтам? Ман охир бињиштиям. Писарамро маљбуран розї кардам. Њамон сол дукаса расо 400 тонна пахта чиданд. Њай дабдаба шуд! Ин тараф газетаву ин тараф тезевизион. Намоянда аз паси намоянда. Њалими Фунгии ту орден њам гирифту “Жигулї” њам як рўз њатто маро дар чорчархааш савор карда, гирди колхоз давр занонда, то худи порухонаи ферма бурд. Хуб ваќтама хуш карду баъд гуфт:
- Акаи Шоњвалї, дар тори мўйлабат садќа, раис ваъда кард, ки Имсол 500 тонна шавад, њам “Волга” медињад, њам ситораи ќањрамонї. Илтимос, додарзодаатонро њам розї кунонед, ба номи ман пахтањояшр гузаронад. Њамаашро њам набошад, як ќисмашро. Ягон гап намерасад, њама њамин тавр мекунанд: аз ин корњо раис њам хабар дораду райкому исполком њам. Фаќат Розигии хоњарзодаатон даркор. Вай гапи шуморо ба замин намемонад. Илтимос, розї кунонед….
Чї њам мегуфтам? Хуб гуфтам. Охир ман одами бињиштиям. Ана, Имсол секаса 600 тонна чидан. Њаво андак бењтар меомад, то 700 њам мерасид. Вале канї бинем, чї хел Имсол бачаи ту ќањрамон мешаваду чї хел “Волга” мегирад. Акнун бас. Акнун ин хазони норўфтаро аз сарат сабил накунонам, зансеталоќ бошам!
Мани содда то ба имрўз ба шумо бовар мекардам, чунки шабу рўз дар телевизорњо фаќат сумоти шумо буду, аз радио фаќат овози шумо мебаромад, газетањо њам зўр мезаданд, кишумо аз дигарон зиёдтар таъриф кунанд. Вале имрўз чї ќиёмат шудааст! “ – Њама бањс мабањс фаќат танќид мекунанд, сиёњ мекунанд, мекўшанд, мекўбанд. Маълум мешавад, ки милисоат дузд будаасту раиси исполкомат ќаллоб, котиби райкому обкомат порахўр, њатто Котиби њукумат дипломи институро харирадааст. Фаќат мани бефањм социализму коммунизм гуфта аз сањар то нисфи шаб љон коњонда каланд мезадам, бехабар аз он, ки социализми орзукардаи ман кайњо ба љѓолдони бетаги роњбарон даромадааст! Бехабар аз он, ки поймарди ин маърака оташмони деги ин њаромхўрњо ману ту будаем! Вале кифоя! Ман диагр аз њељ кас наметарсам, њатто аз љўраи раиси колхозат њам! Калиди ишкели њамаат дар дасти ман! Дар тањхонаи раис хишти аввали њабсхоначаро ман чинда будам, кундаву завлонаро њам бо хоњиши раис ман сохта додам. Фаќат дар ёди ман кундаву завлонаи Самеъбой боќї мондааст. Аз тарси њамин кундаву зиндон оќибат худам аз бањри кори колхозу талоши мансаб гузашта хазонрўб шудам. Чунки аз ин дида кори тинљтар нест, чунки ба мо барин хазонрўбњо одамњои одамшаванда эътиќод доранд, вале сиррашро фаќат ба ман мегўяд: љои тиллои вайро фаќат ман медонам! Дар таги Шахи калон чунон руст кардам, ки шайтон њам ёфта наметавонад! Э, охир худи ту, имонсўхта њам аз дасти њамин тањхона кори колхозро партофта будї! Њо, наѓз дар хотирам њаст, ту њамчун бригадир камодам кардию раис дар пешат як шарти вазнин гузошт, ту аввал розигї надодї, вале раис дањ сол мешинонам, ки гуфт, мулоим шудї. Баъд њардуямон духтари 18 – солаатро ба тањхона - ба њуљраи раис даровардему ту паси дар наќора задї. Њар гоњ, ки дилат бухс карда аз њол мерафтї, ман давом медодам. То сањар… наќора задем. Пас аз ин ту “имонам сўхт” гуфта кори колхозро партофта љорўбкаш шудї.
Чї хел раис КЖКП шудани писарат Рањими дањанвозро њам мегўям: ин таърих аз он сар шуд, ки ту ду сол пеш аз ду кўча поёнтар ба ин љо омадї. Чунки дар ин љо ќариб калоншавандаи район зиндагонї мекунанд. Ту на танњо кўча, балки њавлињои калоншавандањоро мерўфтї, махсусан њавлии љониши раиси райисполкомро. Чї, ман Намедонам? Њама наѓзакак медонанд, ки чї тавр як ваќт якбора як моњ касал шудию ба љои ту духтарат љорўбкаши рафт. Духтарат ягон дањ рўз њавлии љонишини раиси райсполкомро чунон ба шавќ рўфт, ки писари нав аз аскарї омадаи љонишини раис Нозим – Полвон њар сањар аз хоб бедр мешуду бо њавас тамошо мекарду дигар хобаш намебурд. Оќибат кор ба љое расид, ки баъди ягон њафтааш тўй шуд. духтарата ёр – ёр гуфта баровардиву бо њамин дар дили љонишини раис мењри худата парвардї. Ана њамин мењр буд, ки як рўз Рањими Дањанвозат муаллимаат раиси КЖКП шуда монд. Хаёлат, ман немдонам, ки раис шуду дар КЖКП чї номаъќулињое накардї? Вале аз њама асосиаш, ба 15 калоншаванда яктогї яктогї ќуттии ахлотпартої сохта дод! Ќуттињои дигарро дар як моњ як бор тоза кунанд, аз они калоншавандањоро дар як рўз њафт бор. Барои чї! – Барои он, ки бо њамин роњ бегонањоро ба худ хеш кунед! Хешгарии бегонањо ба Туву писарњоят чї лозим буд? – Барои он, ки дарба амалњои сердаромад соњиб шаведу бемалол левак занед, бенавбат хона гиред, муфт медалу орден гиред, дар магазинњо чизи касмахарро хареду чизхои касмаёбро ёбед, бенавбат тўйњоятонро аз ќайди ЗАГС гузаронед! Хазони худро ба гардани мо бечорањо бор кунед!
Бемалол депутат шавед! Ња, Воќеан, арз мекунам, ки Салими Гарданат чї хел гардан кашида депутат шуду масъалаи водопровод њам гўё њал шуд. ќариб 15 кас дар Маљлиси љомеа хеста ўро таъриф карданд. Њамон 15 касе, ки Рањими Дањанвоз њавлияшонро мерўбад. Худаш њам ба рўяш пўстак кашида Аљаб вазъњо хонд, Аљаб бешармона худаша њаќорат дод. Гуфт: “Лаънат ба онњое, ки то бозсозї нони халќо хўрда ба намакдонашон туф мекарданд! Солњои дароз дар сари хољагии водопровод истода, њисоботњои сардурўѓ навишта, як ќубур њам нашинонда ба нафаќа баромада рафтанд! Не, акнун кор ранги дигар мегирад! Акнун бозсозї мешавад, рафиќон! Мо бар зидди њама гуна ќаллобу каљдасту порахўр мубориза мебарем!
Мани содда, мани гўл, мани ањмаќ, боз ба ў бовар кардам.
Баъди маљлис ба идорааш даромадамасъалаи водопроводро кўндаланг, мондам. Эњ, фалак! Медонї, вай чї гуфт?! Аввал гапњои дар маљлис гуфтаашро такрор кард, баъд ангуштњояшро таппонча карда ба чашми ман рост карда дод зад:
- Ба њамаи ин ту гунањгор! Ѓайри ариза навишта омадан њунари дигар надорї? Медонї, ин љо чї ќадар ариза хоб кардааст?! Ќарсак аз ду даст мешавад!
Медонї, ки барои як дона ќубур гулўи чанд касро равган мегунам? Њиммат дорї, ё не? Бадои кўча њам мебуд, 200 сўм барои ин кори хайр дареѓ намедошт!
Бачаат дасташро качкў- и гадо карду ман маљбур шудам 200 сўм партоям. Баъд гўё њељ гап нашуда бошад, хонданги вазъро давом дод:
- Мо бояд бо талаби замон бозсозї кунем! Лаънат ба ќаллобу порахўр!...
аз радиоузел шеър мешунавонад.
Чї парво бошад, эй сангдилу муфтхўру золим,
Ки чун дорад гузаркайфияти њоли хароб аз мо.
Зи њосили ранљи мо туро шуд љома абрешим,
Ба урёнї зи љаврат андар ин сармо азоб аз мо.
Зи жаркови танўрї тобашашлик субњу шом аз ту,
Нигар, дар тобаи ѓам пухтан аз дуди кабоб аз мо.
Шоњвалї – Аммо Њалими Фунгиат њамаро ба як нўл зад: ин механизатори номдор, ки имрўз – пагоњ бояд \ќањрамон мешуд, раиси кооперативи “Пулдаст” шуд. аввал бо раиси колхоз гапро паззонда заминњои бењтаринро људо карда иљора гирифт, баъд ошхонањоро даст гирифт, пас дили ањли савдоро чунон ё1фт, ки дар дўконњои давлат на гўшту равѓан монд на ќанду меваю сабзавот. Ин чї хел кооператив будааст, ки моли давлатро бо нархи арзон харида чор баробар ќиммат карда мефурўхтааст?! Ана, баъд бачаи ту худои замину осмон шуд: як сўм – як сўм зиёдатї гирифта билети самолётњоро фурўхт, барои сайри боѓи истироњату мазор њам чўталпулї рўёндан гирфт. Гап – гап њаст, ки дар дамгањи ќишлоќ њам як дарвозаи кооперативї сохта, барои даромад 1 сўму барои баромад 2 сўм пул мечидааст.
Калоншавандањои район бошанд, њар гапи писарњои туро ќонунї мегардонданд. Оќибати њамин хешигарии бегонањо ва пулњои њаром буд, ки савлату кирдори Самеъбои мурдарафтаро кам – кам њар кадомат зинда кардї. Хуб буд, ё бад, Самеъбой ах њисоби мулки мероси падараш савлат мекард, вале шумо фуќарої то дирўз пойлучак аз њисоби ѓорати халќ калонгарї мекунед?!
Кисаи бечорањоро рўфта боз ба соњибони кисањои холигардондаатон зўрї мекунед, тањќир мекунед, таъзиму тавозўъ мефармоед? Аз хонаи писарњои тў имрўз суханњое баланд мешаванд, ки солњои пеш мешунидем:
Рўшної дигар мешавад. Садои техника ва мусиќии хоси солњои 80 – ум. Шоњвалї аз номи Салим, Њалим, Рањим ва Зайнаб овоз медињад.
Овози Салим – Эње – њей, њой, каллаат парад, мошина дуруст шўй. “Волга” зан нест, ки чї хел хоњї, даст кунї. Пагоњ, сайри чойќовбозор меравем. Чаро гўсфандњоро об надодї? Хароб шаванд, чарбўи баданатро канда мегирам! Дарс – парс нагуфта, аз паи гуфтаи ман шав…
Овози Њалим – Ана, ойбика, аз сафари сочї ба шумо дуди паовозу ракетаи кайњон. Боз чї моли дунё мондааст, ки ту надошта бошї? Ману “Волга” – љон дар хизматат, гарнитури японї њам гирифтам, як “Чайка” бошад, худи пагоњ мешавад. Сари Салимтўра саломат бошад, ба њама чиз соњиб мешавї.
Овози Рањим – Ња, Зайнаб? Ду моњ гузашт, њоло њам мотам мегирї? Шуд, отунчањо барин нашин. Дигар љорўббаластњо чї мегўянд? Пештар биё. Хазони ин љоро рўб мегўям. Боз пештар. Андаки дигар. Ана њамин хел. Офарин. Шуд, гиря накун. Ман худам ба ту шавњар … ёфта медињам. Шод шав, шўи бадмастат туро ором гузашт. Ту барин гули зебои бехор танњо мемонї. Худи ман ба ту шавњар… ёфьа медињам. Рањимбой – акета хафа накунї, ба њамаорзуњоят мерасї. Ба ту имрўз љавоб. Раву як ќайлаи манбоб паз. Барои ѓубори дилатро баровардан Каме мешинем. Наѓз медонї, ки аз байни бист љорўбкашзан ба ту мењри хосса дорам. Парво накун, бо ман хор намешавї. Не, нагўй, ин пулро гир. Сари Рањимбой – акет саломат бошад, аз занњои шавњардор бењтар зиндагї мекунї. Гапи раис – акет акта.
Овози Зайнаб - Алла бикун бачем. Аллаё – Алла. Алла кунад бачаи ширин оча. Хоб кун, бачем, хоб кун. Калон шавад, Рањим – амакаш барин бою бадавлат шавад… аллаё – Алла. Вале Рањим барин баднафс нашавад, ба зани ѓайр нигоњ накунад, ѓами бе ин њам зиёди бевазанњоро бисёр накунад, аллаё – Алла.
Хоб кун, бачам, овози туро шунида, боз хуни Рањими Дањанвоз наљўшад, аллаё – Алла.
Мардум рост мегуфтанд: њамин Рањими Дањанвоз отаяки берўзиатро ба ман шўр меандохту дар њаќќи ман ба вай тўњматњо мекардаааст, то ки имрўз ба очаяки љигаррехтаат даст дароз кунад, аллаё – алла.
Бас, бачем, ки Рањими Дањанвоз меояд! Дигар тобу тоќати љан кашокаш надорам. Се бор аз дар рондам. Чашмонаш хун гирфтааст. Аллаё – алла.
Зудтар калон шав, бачаи ширини оча, аз дасти Рањими Дањанвоз очаи берўзиаша халос кунад. Асали оча. Аллаё…
Ана, омад – е! аллаё – Алла….
Наздик нашавед раис – ака –е, аллаё – Алла.
Дод мегўям аллаё- а – а – а – а – а!!!!!!!!
Рўшної дигар мешавад.
Шоњвалї ба љои аввалааш баргашта љорўбро ба даст мегирад.
Шоњвалї – Шумо бо шарофати ман одам шудед, акнун бо шарофати ман љазоятонро мебинед. Маълумоти даркориро, ки ба љои даркорї расонидам, њамаатон дасти ба даст ба љои даркориатон меравед. Ман дигар аз њељ кас наметарсам! Самеъхони Раиси райиполкомат, ки аз сари мансаб парид, Туву писарњоят мисли пўки шишаи шампон парида ба љои даркорї меравед!
Панљоњ сол боз шумо барои пешравии кори худ, барои андак фоида барои ќасос аз раќибчањоятон мани марди бињиштиро маљбуран ба гуноњ тела додед; панљоњ сол боз иљрои супориши шумо осї мешудам; панљоњ сол боз мани бињиштї аз тарсї марги бемаънию нобањангом ѓуломи њалќабардўши шумо будам. Вале акнун кифоя! Бас! Тамо!
(Назари Шоњвалї ба нуќтае банд мешавад, њарчанд беихтиёр бо ќадамњои ќатъї ба тарафи баромадгоњ равон мешавад, чашми худро аз он нуќта канда наметавонад. Садои хазонрўбї ба гўш мерасад. Нињоят Шоњвалї гўё чизи муњиме ба хотираш расида бошад, бошаст ќафо мегардад ва ба он нуќ нигариста ќариб дод мезанад).
Охир, ин худи Одил аст! мерўбад! Шояд хазони инљоро њам рўбад? Агар рўбад, на ба худаш кор дораму на ба писарњову на ба ошхонањои калоншавандааш! Ман охир, одами бињиштиям! Мерўбад…
(Садои љорўбкашї).
Уф, аслан, ба ту њамин даѓаливу суду прокурор чї лозим? Њарчї набошад, аз имзои Рањими Дањанвоз нон мехўрї, мўйсафеди беимон. Њоло боз маълум не, кигапи ту мегузарад, ё не, …. Мерўбад. Э, хайр, њамон тракторчии бечора якта орден гирад, осмон омада ба замин начаспад. Мон, ки Салим љаќќон сарустокалони водопроводњои республика шавад, шояд њамон ваќт ќувваташ барои водопроводњои ќишлоќи мо њам расад…. Мерўбад…. Э, хайр, ин Рањими Дањанвоз ба Зайнаб дил додааст. Ишќ гуноњ нест, фарќаш чї, ки беваи Зайнаб ба Рањими Дањанвоз ддил медињад, ё ба ягон муттањами дигар? Ман, ки одами бињиштиям, ба касе коре надорам. Мерўбад…. Бо раиси исполком њам эњтиёт шудан даркор. Миш – Миш њаст, ки ду – се рўз аз њабс меояду хоки чандин нафарро бод мекунад; пулу ўра, ки дорад, сафедшуда баромад. Боз ба сари ман ягон бало наорад? Аз дасти вай њар кор меояд. Ба мо бошад, дуо рафтааст: мабодо аз осмон тилло борад, њам, як заррааш ба њоттаи ман намеафтад, вале агар як калтак њам аз осомн афтад, рост ба сари ман мезанад! Њамин хазонатро рўбї, мулло Одил, ба њафт пушту авлодат кор надорам!
Њо, аз он рўзе, ки худамро мешиносам, гирфтори ѓаму азобам: дар ањди Сталин падарамро паррондам, аз оташи љанги Гирмон гузаштам, аз зањри пахта худам маиб шудам, зану фарзандамро аз даст додам, барои коммунизм, бо номи Сталин! Боварї доштам, ки њмин изи ягон роњи дуруст аст. њама чунин эътиќод доштанд, ки њатто рўзи вафоташ њама ќасам хўрданд, ки хотираи ўро пос медоранд….
Аз радиузел мешунавонанд.
Аз вафоти азиз Сталин,
Абр гирёну халќ ѓамгин.
Аз задан монд диле, ки он
Буд мањбуби халќњои љањон.
Байраќи љовидони Ленинро
Партавфишон намуд дар дунё.
Зафари халќро намуд азим,
То худи остони коммунизм.
Не. Сталин њамеша њамрохи мост,
Мењри вай устувор дар дунёст!
Шарафу Эњтироми вай боќист,
То љањон њаст, номи вай боќист!
Шоњвалї – Вале зуд, хеле зуд доњиро аз осомн ба майдон заданд, зуд доњии халќњоро душмани халќ эълон карданд. Пайѓамбари нав Хрушев њам дер напоид, ўро барои куштани љўворимакка гунањгор донистанд.косаи давр ба Брежнев расиду гўё њаќ ба њаќдор расид, ба ман њам се – чор ордену медаль доданд. Эълон карданд, ки мо аз њама зўр, аз њама доно, аз њама бойтар њастем, вале офтоби Брежнев ѓурб карду эълон дигар шуд: аз замони бадтарини рўзгори мо – айёми карахтї рукут, дуздиву ѓоратгарии роњбарон будааст….
Аз радиоузел шеър мешунавонад.
Солњо кардем кори коѓазї,
Рўзу шаб бо ифтихори коѓазї.
Кардаем аз нангу ори коѓазї,
Анќарибе мо диёри коѓазї.
Коѓазї бин боѓу роѓи халќро,
Тўю сур дарду доѓи халќро.
Љону дил, гўшту димоѓи халќро,
Карда зањргин ѓубори коѓази.
Коѓазї шуд боѓ, гул њам коѓазї,
Аслу наслу обу гилњам коѓазї.
Нангу ору љону дил њам коѓазї,
Андар он рўзгори коѓазї.
Селњои коѓазї мешуд равон,
Болњои коѓазї мешуд вазон.
То куљо меравед, эй одамон,
Баъд аз ин б саманди коѓазї.
Шоњвалї – Имрўз чї? Бењбудие њаст? Кадом аст он? Њамааш чаппагардон шуд: дўстон душман эълон шуданду душманони собиќ дўст: ошкорбаёни бањона, ба дили покниятон ханљар заданд: демократияо сипар карда њар ба ду бало соњиби мансабу вазифа шуд: оќибат байни халќњо носозї андохтанд! Кї адолат медињад, ки имрўз тартиби кор нек аст? Кї кафолат медињад, ки имрўз тартиби кор нек аст? кї кафолат медињад, ки Фардо пешоњангони имрўза ба њазорон айбу гуноњ муттањам намегарданд?
Безор шудам аз шару шўри ин дунё! Роњбарон меоянду мераванд, вале барои раият осоиш зарур аст! барои њамин њоло хомўшї авлотар! Биё, Мулло Одил, њамин хазонакота рўбу марову райкому бокому Цекаю ООН – ро ором гузор!
Садои љорўбкашї.
Мерўбад…. Офарин Мулло Одил! Имрўз, иншооллоњ њаќиќат ѓалаба мекунад! Боз андак пештар биё… биё, биё….
(Садои љорўбкашї ќатъ мегардад. Шарфаи пойи одами дуршудаистода).
Ист! Исто!!! Одил, ист! Ин тарафашро њам љорўб зан! Аќалан хазони сафедорњоятро бо дастат чин, вай бисёр нест…. Не, нарўфт… Рафт… (Бењолона ба харак менишинад). Эњ, Одил, Кўри Одил….
Субњ медамад. Ба овозњои хоси субњдамї маркази район мусиќї љўр мешавад. Зимни он суханњои Шоњвалї баланд садо дода њама њама овозњоро пахш мекунад.
Овози Шоњвалї:
Гар кунам бо ин сари пуршўр болин сангро,
Аз шарар парвоз хоњад гаш тамкин сангро.
Ман ба дарди норасоињо чї сон дўзам нафас?
Мекунад бедасту пой нола талќин сангро.
Дидаи бедорро хоби гарон зебанда нест,
Эй шарар, то чанд хоњї кард болин сангро?
Сози ин кўњсор ѓайр аз нола оњанге надошт.
Орамдан ин ќадарњо кард сангин сангро.
Аз шикасти мо салои шиква натвон ёфтан,
Шиша ин љо мекушояд лаб ба тањсин сангро.
Хоби ѓафлат, мешавад по дар рикоб аз мављи ашк,
Дар миёни об, Бедил, нест тамкин сангро.
/Бедил/
Свидетельство о публикации №223032700367