Тулуъ макун, офтоб!

ТУЛЎЪ МАКУН ОФТОБ!

(ПСИХОТЕРАПИЯ)

СЕАНСИ I

Кабинети духтури љарроњи рўњ – психотерапия. Исо Исоев ва Соро Њикматї.

Њикматї – (њуљљатњои беморро нишон дода). Зани љавон њамли аввал. Таваллуд кардан намехоњад. Хавфи безуриёт мондан тањдид мекунад. Асабњояш хаста. Бо маслињати дўстон шавњараш ба назди мо овардааст. Умед дорад, ки бо ёрии шумо зан аз фикри ќатъи њамл бармегардад. Кўдаки батн солим.
Исоев – Аз таърихи бемориаш маълум, ки давраи ибтидои эклампсия. Вале чунин бўњрони шадид фикр ѓайри муќаррарї. Беморро биёред.
Њикматї – Фаромўш накунед, шумо барои вай љарроњи оддї.
Ба долон даромада њамроњи Офтобхон бармегардад.
Офтобхон – Ассалому алайкум.
Њикматї – Ин кас Исо Исоевич, љарроњ.
Исоев – салом аз ин љо гузаред.
Офтобхон – Ташаккур. (Дар курсии пастак мешинад).
Исоев (набзи дасташро чен карда). Фишоратон баланд: 160 ба 110.
Офтобхон – Чї хел? Бо даст њам чен мекунанд?
Исоев – Бовар намекунед? Соро њикматовна, бо асбоб чен санљед.
Њикматї (санљида) – Дар њаќиќат, 160 ба 110. зуд сўзандору гузаронидан лозим. Аввал ана ин доруро нўшед.
Исоев – Ин ба њаёти кўдак зарар дорад.
Њикматї – Барои ман њаёти Офтобхон муњимтар.
Офтобхон – Ња, ин ањамият надорадИсоев – Ањамият надорад? Њаёти кўдак?
Офтобхон – Ња.
Исоев – Хуб, аввал гап дар сари он аст, ки мо бе дору њам табобат карда метавонем. Ба чашмонам нигаред. Акнун ба кафи дастам. Хуб. Шумо ором. Њамааш хуб.
Офтобхон – Чизаш хуб?
Исоев – Ба ана ин курсии такядор гузаред.
Офтобхон – Чизаш хуб?
Исоев – Кўдакатон дар батн саломат. Шумо соњиби писар мешавед.
Офтобхон – Зуком…Не, дарди онњо хавфноктар аст. Агар медонистам, ки дар хонаи писарашон фатир бољаззаву палаву думбаљигар мехўранд, аќалан њафтае як бор хабар мегирифтанд. Мењр дар чашм мегўянд, вале аслан, мењр дар шикаму киса мешудааст.
Исоев – Њама дарду доѓи шумо њамин?
Офтобхон – Њм…
Исоев – Шумо њоло њис мекунед, ки абри сиёњи андешањои ѓализ ба ќалби шумо фишор меоранд, дили моро аз зиндагї, аз шафњар, аз хушдоману хусур, аз њама чиз хунук мекунад?
Офтобхон – Њм…
Исоев – Гап занед. Бо њамин шумо абри ѓамро пора мекунед. Дилатонро холї кунед. Бигўед, кист сабабгори кулфатњои шумо? Аз чї шабњо бедорхобї мекашед? Шавњаратонор бо вуљуди андаке сустиаш дўст медоред, охир. барои софдилї, покї, вафодорї.
Офтобхон – Сустии шавњарам – аз сахтии замона аст. дасташ гул, панљ панљааш њўнар, вале панљ соли дароз дараљаи коргариашро баланд набардоштанд. Сардорњо супоришњои зиёде медињанд, аз кораш ризоянд; вале ба ёдашон намерасад, ки разрияди ўро аќалан як дараља боло бардоранд. Маљбур шудам, ки худам рафта љанљол бардорам. Дод. Разрияди ќонунияшро. Лекин пеш аз он муовини сардор ишора кард, ки бе зиёфат намешавад. Ѓурурам нагузошт, чанд сўма, ки барои аробачаи кўдаки ояндаам љамъ карда будам, чашм пўшида барои зиёфати нимсоата сарф кардам. Мефањмед? – Мењнат як тараф, ќобилият як тараф, ихтисосу хизматњо як тараф, зиёфату дилёбї муњим!!! Ин чї фалсафа!? Фардо шањписари ман њам маљбур мешавад, ки барои њаќќи њалоли худаш пеши калоншавандае гардан хам карда лобаву зорї кунад? Њаќќи ќонуни худашро бо гадої, бо пора соњиб шавад!?
Исоев – Воњимаи шумо асос надорад. Як сардори бадро дида, дар њаќќи дигарон хулоса кардан савоб нест.
Офтобхон – Аз вай бадтараш њам њаст.
Исоев – Боз њам бадтар шуда метавонад? Ку, бишнавем.
Офтобхон – Ман дар ду љой кор кардам. Сардори аввал пурсид, ки аз санъат хабар дорам? Гуфтам, ки дар мактаб суруд мехондаму мераќсидам. Ин гапро гуфта дар бало мондам. Њар дафъае, ки ба идорааш љеѓ мезад, маљбур мекард, ки раќс кунам. Рўзи дуюм њангоми раќс бўсаро сар кард. Ўро тела додам. Сахт хафа шуд. Гуфт, ки асло барака намеёбї. Маљбур шудам њамон соат ариза дода равам. Пас аз  чанд ваќт кори дигар ёфтам. Сардори навам мўйсафеди хушгапи беозоре буд. Фаќат “духтарам”мегуфт. Лекин…
Исоев – Гап занед. Хомўш наистед. Гап занед.
Офтобхон – Бале, одами хуб метофт, вале як одати аљиб дошт: њар сари чанд ваќт ману ду зани љавони дигарро барои ёрї њангоми ќабулу зиёфати мењмононаш даъват мекард. Медонед, мењмонњояш кињо буданд? Калонњои худаш, муфаттишњо базми калон бељанљол гузашт. Вале муфаттишњо гузарониданд.яктааш маљбурї бўсиданї шуд, як шаппотї фаровардам. Баъди се даќиќа дар њузури њама сардори беозори хушчаќчаќи мо фармони аз кор озод кардани маро ба дастам ќапонд. Гуфт, ки ё ин, ё вай. Ман сипоњї карда, баромада рафтам. Њатто якчанд њаќорати сахт њам кардам. Вале баъд шастам гашту аз њама чиз дилхунук шудам. Охир, ин чї шўрест? Ин чї кор аст? Фардо шоњдухтари бо њазор орзупарваридаи ман њам ба чунин рўз гирифтор шавад!? Ба чунин пастї гирифтор мегардад!?
Исоев – Дар њаќиќат, ба шумо душвор шудааст. Афсўс, ки шумо бо роњбари дуруст дучор нашудаед. Биёе ба поликлиникаи мо ба кор дароед.
Офтобхон – Ин њам њељ гап не.
Исоев – Аз ин бадтар боз чї шуданаш мумкин аст?
Офтобхон – Њаст
Исоев – Аљиб.
Офтобхон – Баъди ин њодисањо дилам аз њама чиз хунук шуда бошад, њам, фикри мењмони оянда маро ором намегузошт. Боз камтар пул љамъ кардем. Барои парпечу либос. Вале нархи мол ба осмон хест. Дугонаам Хайрї гуфт, ки як тољири хориљии шинос дорам, дар бозор савдо секунад. Аз њамон бо нархи разон мегирем. Як рўз њамроњи Хайрї бозор рафта шиносашро дидем. Дар бозори паси мењмонхона. Маслињат гўё пухт. Дар њаќиќат разон доданї шуд. вале гуфт, ки аз ин бењтараш асту њоло тамом шудааст, вале дар хона њаст. Пагоњ Маскав мепаридааст. Бинобар ин, таклиф кард, ки бегоњї ба хонааш рафта бењтаринашро интихоб карда гирам. Ман розї нашудам, гуфтам, ки ба хонаи Каси ношинос чї хел меравам? Вале Хайрї маро бовар кунонид маро бовар кунонд, ки ягон бадї надораду ба моли хуби муфт соњиб мешавем. Баъди соати 6 ба хонааш рафтам, мењмон доштаастба ду мењмонаш ду љавон хизмат мекард. Ба љону њоламон намонда мењмондорї карданд. Бо сухонани бисёр майнаамро гиљ карда, як ќадањи шампон нўшониданд. Як мањал Хайриву тољир ба хонаи дарун даромаданд, барои маслињат. Як мењмонаш бо он љавон ба хонаи дигар гузаштанд. Ману як мењмони дигараш танњо мондем. Мењмон беист гап мезаду механдиду мехост маро њам хандонад, долларњояшро бароварда нишон медод. Нохост беибо ба гарданам даст дароз карда бўсидан гирифт. Дод заданї будам, овозам базўр баромад. Худамро бо сад азоб халос карда, ба  суроѓи Хайрї ба хонаи дарун даромадам. Худоё, кошки намедаромадам. Номи дугонаам гум бод. Ўро барањна дар оѓўши тољир дидам! Худоё, Худовандо! Наход, ки ќимати нангу номуси зан њамин ќадар бошад!? Наход, ки зиндагї пешонии занор ин ќадар шўр карда бошад?! Наход, ки маънои зиндагї њамин бошад?! Не, то даме, ки  зиндагї бењ нашавад, то даме, ки барои ќути лоямут зани бечора худро ба пастї мезанад, то даме, ки шаѓолони пулдор шерони бепулро хору залил мекунанд, то даме, ки зиндагї чунин касифу ифлосу пурофат аст, ба дунё омадани фарзанди ман зарур нест! Ба ин олам нури бадареѓ пошидани офтоб њам њайф аст! Дигар тулўъ макун, офтоб! Тулўъ макун офтоб!
Исоев – Ором шавед…
Офтобхон – Не! Ман ба ин олами ноќис фарзанд намедињам! Намедињам!
Исоев – Ту њам бояд хизмате бикунї: ту ба олам писаре дењ, ки марди бузурге шуда, бенизомињои оламро ба сомон расонад.
Офтобхон – Ман чунин шоњписара ба олам оварда метавонам, метавонам, ўро бо лутфу мењрубонї њамчун инсони комил парвариш кунам, вале, кї кафолат медињад, ки то марди калон шуданаш љонаш эмин мемонад? Њамсояписари мо љавонмарди шуљоъ буд, дар милиса кор мекард, њангоми хизмат борњо аз гулхани љанг саломат баромадааст, вале дар як шаби ором дар љои хобаш як номард њалоиї кард. Бо як тири тапонча… як номард дар љои хобаш…барои чанд њазор пул… дар љои хобаш…Кї кафил мешавад, ки љони писари адолатљуи муборизи ман эмин мемонад?! Кї кафил мешавад, ки Фардо офтоб тулўъ карда, шоњписари маро тўдаи хокистар намебинад? Кї? Кї? Кї? Не, дигар тулўъ макун офтоб! Ман намехоњам, ки ту ѓуруби офтобаки маро бинї, хазони башарро бинї. Модом, ки ба њамин олами ноќис њам мили камону тўпу танк, оташи ядрої равона шудааст, ба дунё омадани ту , шањписари ман њам барваќт аст! Барваќт! Барваќт!
Исоев – Ором шавед.
Офтобхон – Тулўъ макун, офтоб!
Исоев – Хоб кунед.
Офтобхон – Хоби чашмњо, рўй, китфњоятонро фаро мегирад. Шумо сухане гуфтан намехоњед, оромона хоб кардан мехоњед. Хоб кунед.
Офтобхон – Тулўъ макун офтоб… .
Исоев – ягон фикр шуморо ба ташвиш намеорад. Истироњат кунед.
Њикматї – Хобаш бурд. Шояд ба њар њол њамли ўро ќатъ кардан лозим бошад?
Исоев – Не. Мекўшем, ки њам модару њам кўдакро наљот дињем. Кори душвор, Зина – Зина амал кардан лозим. Њоло амалиёти сифатан дигар мегузаронем: ба майнаи бемор љараёни фикри дигарро медарорем.
Њикматї – ман ба шумо боварї дорам.

СЕАНСИ III
 Исоев пардаи деворро мефарорад. Манзараи зебои бањор. Тугмаи магнитофонро пахш мекунад: садои мављи љўйбор, хониши булбулу кабк.
Исоев – Ба шумо маъќул.
Њикматї – манзараи гуворо.
Исоев – Хуб. Пас, амалиёт хуб хоњад гузашт.
Њикматї – Барори кор.
Исоев – Мехоњам шавњарашро бинам.
Њикматї – Дар берун нишастааст. Даъват кунам?
Исоев – Хуб.
Њикматї рафта, њамроњи Шариф бармегардад.
Шариф – Салом.
Исоев – Салом. Шинед. Шумо Шарифљон, њамсари Офтобхон?
Шариф – Ња.
Исоев – Шумо ба наздикї соњиби писар мешавед…Шумо аз ин хурсанд нестед… Одамон барои писар гову шутур ќурбонї мекарданд…
Шариф – Мм…Намедонам чї гўям.
Исоев – Ба њамсари шумо аборт кардан лозим нест, вале вай њељ чизро шунидан намехоњад. Шояд шумо  талаб карда бошед.
Шариф – Ман!? Не – е.
Исоев – Росташро гўед, шумо аз падар шудан хурсанд нестед?
Шариф – Рости гап…Медонед, ду њафта пеш Олимгуфтанї њамсинфи мо писардор шуд. Ману Олим боз як љўраамон Сафар, ки аз воќеа дер хабардор шуда будем, нисфи шаб ба таваллудхона рафтем ва њангоми бозгашт…Сафар нохост ба хонањои баландошёна нигариста дод зад: “Њой мардум, чаро хоб мекунед?! Бедор шавед! Шунавед, љўраи мо соњиби писар шуд!”.
Исоев – Баъд чї шуд?
Шариф – Баъд… маљбур шудем, ки аз он кўча зуд гурезем: чунки мардум тирезањояшонро кушода, моро дашномборон карданд. Рости гап, ин њангома ба ман он ќадар маъќул нашуд, вале таъсир кард. Мехоњам, ки …фаќат рўзона, Сафар ин дафъа ба мардум аз таваллудшавии кўдаки мо хабар дињад. Вале афсўс, ки инро Офтобхон намехоњад.
Исоев – Шароити зиндагиатон чї хел?
Шариф – Мм..Бад не. Мешавад.
Исоев – Кай хонадор шудед?
Шариф – Якуним сол шуд.
Исоев  - Дар куљо зиндагї мекунед?
Шариф – Дар хобгоњ.
Исоев – Кай боз?
Шариф – Чор моњ шуд.
Исоев – Пеш дар куљо мезистед?
Шариф – Дар хонаи мо.
Исоев – Барои чї шуморо пеш карданд?
Шариф – Барои … Не…пеш накарданд.
Исоев – Чї маљбур кард, ки ба хобгоњ оед? Чї љои пинњон доштан? Ман њам охир одами рўзгордидаам, медонам, ки дар байни келину хушдоман чї муљарроњои бемаъние мешавад.
Шариф – Бо модарам… Андак рост нагирифт… Дар корхона вазъиятамонро фањмиданду аз хобгоњ хона људо карданд.
Исоев – Сабаби љанљолашон чї буд?
Шариф – Намедонам. Вай ба ман њељ чиз намегуфт. Вале аз чашмони тараш мефањмидам, ки ягон гап шудааст.
Исоев – Модаратон њам намегуфтанд?
Шариф – Он кас гапи бисёр мегуфтанд, вале њељ људо карда наметавонистам, ки кадомаш гила асту кадомаш дашном.
Исоев – афсўс. Маошатон њозир барои рўзгор мерасад?
Шариф – Умуман кам, вале ягон илољ мекунем.
Исоев – Пас аз ба хобгоњ омаданњамсаратон кадом машѓулиятњои пешинаашро  партофту чї шуѓлњои нав пайдо кард?
Шариф – Мм…Ќариб њама одатњояшро партофт, њатто волейбол  бозї намекунад. Аз одатњои нав … Нест. Фаќат, агар инро машѓулият гуфтан мумкин бошад, аз сањар то шаб транзизторро тоб дода, гўш карда мешинад.
Исоев – Транзистор гўш мекунад?
Шариф – Ња, вай шабу рўз дар дасташ.
Исоев – Хуб, хеле чизњоро фањмидем. Вале њоло њам сабаби љиддиеро намебинам. Маљбурем, боз аз худаш фањмем. Ин љо чї сирре бошад. Пагоњ љарроњии рўњї мегузаронем.
Сањна торик мешавад.
 
Офтобхон – Мехоњам бовар кунам.
Исоев – бовар кунед. Шумо модари хушбах мешавед. Шумо хушбахтед. Кўдаки шумо хушбахт мешавад.
Офтобхон – Кошки …Кошки…
Исоев – БА Њикматї!. Шавњари офтобхонро даъват кунед.
Њиматї – Хуб.
Мебарояд ва њамроњи Шариф бармегардад.
Исоев – Шарифљон, шумо  пас аз 41 њафта соњиби як писарчаи пањлавонљусса мешавед. Офтобхон ба шумо писарчае таќдим мекунад, ки ба хонаатон бахту шодї меорад.
Шариф – Наход!?
Исоев – Магар њамин тавр нест, Офтобхон?
Офтобхон – Ња…
Шариф – Ташаккур духтарљон.
Исоев – БА Офтобхон – “ба сарчашмаи зиндагї” ташаккур гўед.
Шариф – Ташакку. Ба њамаатон ташаккур.
Исоев – Кўдак, ки таваллуд шуд, ба ман хабар дињед, ки бинам. Аз рўи тахмини ман вой бояд бисёр зебо ва пањлавонљусса бошад. Фаромўш намекунед?
Шариф – албатта, духтур.
Исоев – Шумо чї Офтобхон?
Офтобхон – лањзае хомўш меистад, ашки чашмашро бо кафи дасташ мепўшад ва пас бо њаяљон дасти ба сўяш дарозкардаи Исоевро мебўсад!. Маро… Бубахшед.
Исоев – Њељ гап не. Ором шавед. Шарифљон, метавонед њамсаратонро ба хона баред. Ба Офтобхон ягон хавф тањдид намекунад. Маслињат медињам, ки бештар якљоя дар њавои кушод сайр кунед. Ягон њафта дањ рўз аз радиову телевизион фаќат барномаву шамоишњои шавќоварро тамошо кунед.
Шариф – Хуб шудааст.
Исоев – Пагоњ боз оед, Як њафта њамин хел дар њамин љо сўњбат мекунем.
Шариф – Хуб, њазор рањмат.
Офтобхон – Акаи духтур… Барои њамааш.
Исоев – Намеарзад, Офтобхон. Боз тулўъ кунед. Њамеша нури саодат пошед, нури худро дареѓ надоред. Хуш бошед.
Номераи консертї хотима меёбад.
Овози барандаи радио – Ба њама маълум аст, ки проблемањои воситањои ядроии миёнапарвоз на танњо ба Иттифоќи Советию Америка, балки ба он мамлакатњое њам дахл мекунад, ки ин воситањо дар хокашон љойгир шудаанд. Дар бораи ин, тарафи советї ќайд мекунад, ки дар сурати аз Британияи Кабир, РГФ ва ё њар мамлакати Европаи Ѓарбї баровардани ракетањои америкої Иттифоќи Советї, албатта, бо кам кардани воситањои ядроии худ љавоб медод…
Њикматї радиоро хомўш мекунад.
Исоев – Ња, Офтобхон аввалин гули сияњдилест, ки аз сиёсати зиндаинсонии маъмурияти ШМА ва дигар мамлакатњои капиталистї ба ў хавфи пажмурдашавї тањдид мекунад.
Њикматї – Ин њадисаро пагоњ дар симпозиуми байналхалќии духтурони тарафдорони сулњ гуфтан лозим.
Исоев – Бале. Дигар хомўш истодан зарар дорад. Дар ягон гўшаи замин хомўш истодани ягон одам мумкин нест. Хомўшї хатар дорад!

ПАРДА.

Шариф – Њазор рањмат.
Овоз аз радио баланд мешавад.
Овози диктор – Мувофиќи хабари маркази матбуоти вазорати корњои дохилї дар пойтахт ду њодисаи куштори шањрвандон ба амал расидааст. Тафтишоти њадиса оѓоз ёфта парвандаи љиноятї кушода шудааст.
 Дар шањри Ќўрѓонтеппа бетартибие ба вуќўъ омад, ки бар асари он чањор нафар шањрвандон кушта гардидаанд…
          Њама  – ОЊ!
           – АЊ!
           – ЭЊ!
Исоев – Лаънатї (Радиоро хомўш мекунад.)
Њикматї – Кай њамаи ин тамом мешавад?
Офтобхон – КАЙ? КАЙ? КАЙ?!

ПАРДА.   


Рецензии