Киштишикастагон драма

КИШТИШИКАСТАГОН

(драма)

Иштироккунандагон:
Акбари Љомї
Мирзо-бизнес
Њотам
Фаришта
Парї
Мењрї

Дар сањнањои умумї њамсояњо ва милисањо

Воќеаи рўзњои мо



ПРОЛОГ

Муњити бечорањолонаи рўи њавлии бинои сеошёна дар шањраки дењотї. Садоњои хоси мављи њалокатбори тўфон. Тамоми шањр чун киштии ба садама дучор гардида ба назар мерасад. Њама иштирокчиён меафтанду мехезанд.

Мењрї.   
Фалак, доду фиѓонам то само рафт,
Бубин, љон аз вуљудам бесадо рафт.
Надонам баъди мурдан аз кї пурсам,
Ки љонам аз куљо омад, куљо рафт?

Парї.               
Бањори тоза омад, њамдиле ку?
Хумори тоза дорам, мањфиле ку?
Дар ин шањри парешони аламњо
Талабгори худоям, манзиле ку?

Фаришта.
Гање шўру гање шар бошад ин дил,
Гање хушку гање тар бошад ин дил.
Нагў як тўдаи хокистарам ман,
Ки худ мурѓи самандар бошад ин дил.


Акбар.             
Гање аз за;р мо нўшина созем,
Гање аз колае ганљина созем.
Нашуд бўзинае одам, валекин,
Њанўз аз одамї бўзина созем.

Майдон аз фиѓони одамон пур шуда, оњиста-оњиста ба бозор мубаддал мегардад. Њарки њарчиро мефурўшад: телефони симканда, шонаи шикаста, сими кабоб. Њама њарчиро мефурўшад, њатто Парї худашро ба савдо мондааст.

НАМОИШИ 1

Як гўшаи њавлии бинои сеошёна . Фаришта пеш мебарояд. Бо чашмони пўшида дуо мехонад.

Фаришта. Худоё худовандо, љонашро бигир… љонашро бигир, ки хонааш ба мо монаду асабњои падарам осуда шаванду, оќибат ба тўйњо расем… Гуноњамро бубахш, парвардигоро… Дили Саидљонро ба ман рост кун, ки дилам мекафад…

Парии шод меояд.

Парї. Худо дод, дугонаљон! Шодиёна те!  Имрўз як марди хушрўи шишкаро ёфтам. 50 доллар ваъда кард,  дастурхонро пур мекунад! Хурсанд шав!
Фаришта. Ба ман чї?
Парї. Ту ба зодрўзи Саидљонакат ягон тўњфа бурданї нестї?
Фаришта. Ња-ю… Ин ба кавалери ту чї дахл дорад?
Парї. Ду шиша араќу ду шиша коняку ду кило калбасаву ду кило ќанд ба ту мемонад, њамчун ба соњиби хонаи ориятї.
Фаришта. Кадом хона? Дурусттар гап зан.
Парї. Худаката ба нодонї назан, сањарї кампир Изергил калидро ба ту дода хонаи як хеши дураш рафт. То ин кампири 90-сола бармегардад, ки офтоб ба пушти кўњи Ќоф пинњон мешавад. Карроче, хонаи вай холї. Ту онро ба ман медињї. Ман ним соатак вай тољири бадавлату босавлатро бо араќу коняку шакалодаш ќабул мекунаму, њамааш ба ту мемонад, то ки дар рўзи таваллуди ошиќи печонат тўњфа барї.
Фаришта. Падарам фањманд, сахт хафа мешаванд.
Парї. Ба ту хафагии падарат му;им, ё хурсандии хушдорат? – Коняк, араќ…
Фаришта. Аз гапњои хуши ту сарам чарх мезанаду… Ту дар он љо чї кор мекунї?!
Парї. Уф, дурдом! Барои шодии дили шумо дилдодањо њаракат мекунам. Њељ кор накарда чашмаки ман – чашмаки ту гуфта мешинам, то ки вай пула бароварда дињад. Медонї, ки ман кам-кам аз илми љуг хабар дорам.
Фаришта. Кампир бовар карда ба ман калида доду…
Парї. Э, нахоњї-не! Ман туро маљбур намекунам. Њамчун дугонаи љонї дилам ба ту сўхту аз хонаи Мењрихон рў гардонидам.
Фаришта. Исто, дарав ќањр накун. Фаќат гўй, ки мошинашро дур монад.
Парї. Ба инаш аќли мо њам мерасад. Биё, рафтем, аз хонаатон сурату китоб биёрем. Фаќат зудтар! Њайрон нашав. Вай одами маданї, мехоњад бо одамњои маданї шинос шавад. (Кашола карда мебарад.)

Акбари Љомї њамроњи Њотам меояд, дар дасташ лавњаи синф.

Акбар. Дунё тамоман вайрон шудааст: саг соњибаша намеёбад. Њарки мехоњад якчи-нимчи аз љойи кораш, аз сари роњ, аз санги мазор њам як пораша канда ба хона кашонад. Медонї, имрўз  Рустам аз синфи 7-ум тахтаи девории хатнависии синфашро канда бурдааст. Пурсидам, ки чаро кандї? Мегўяд, ки њама мекананд, ман њам як чиз канам. Ба ошпаз мефурўшам. Ба ду сум. Охир њамин сањар дар вай тахта чунин навишта буд: - “Ман ватанро дўст медорам.” Дўстдорї њамин хел мешавад? – Ватанро ба ду сўм фурўхтан мумкин аст?
Њотам. Ором шавед, муаллим. Пайѓамбар Исо, алайњиссаломро њам ба 7 танга фурўхта буданд. Замона такрор мешавад.
Акбар. Ту њам аз пайи њамонњо?! Не! Истед! Сабр кунед! Њой, бачањои боло, бас кунед мусиќиро! Инљо биёед! Тоќат тоќ шуд! Масхарабозї бас!

Њама љамъ мешаванд.

Парї. Маљлиси синфї сар мешавад.
Акбар. Маљлиси синфї не, маљлиси њаёт! Ин чї шўрест, ки дар даври мо барпо кардед? Охири асри бист-асри кашфи кайњон, асри равнаќи илму фарњанг, асри пиёдагардии орзуњои инсониятро ба чамал;а  табдил додед Њотам! Ту фаромўш кардї, ки маънои номат чист? – Њотам, бузургтарин марди саховатпеша, накукор, дўстдори халќ. Ту бошї, чї мекунї? Собуну айнаро аз куљо курсавдо карда оварда њамсояњои бечораи ќашшоќатро боз њам ќашшоќтар мекунї! Аз худо шарм дор, Њотам! Парї куљост?
Парї. Мана ман!
Акбар. Парї духтари озодаю паричењраи бењтарини мањаллаи мо. Вале ту чї мекунї?! Наход касбу кори дигар ёфт накардї, ки ба косибии «ќадимтарин» иштиѓол мекунї?! Мењрї! Хоњари асили шафќату мењрубонї.
Мењрї. Лаббай, муаллимљон?
Акбар. Аз чї якбора ту фолбину бахшї шуда мондию мардуми аблањи бечораро гўл мезанї? Вале аз њама «олї» медонед кадом аст? – Рустам, Рустами Дастон, пањлавони ватанпарасти наљотбахши халќ имрўз аз мактаб лавњаи хатнависии синфашро дуздидааст: бинед: «Ман фарзанди арзандаи халќи тољикам, ватанамро дўст медорам». Чунин аст дўстдорї?! Умуман, кифоя аст танфурўшию ватанфурўшї, савдогарињои бемисли ;аллобона! Куљо шуд насињатњои падарон, орзуњои модарон, панду ахлоќи њамидаи Рўдакию Фирдавсї, Саъдию Љомї? Куљо шуд сабакњои дар мактаб гирифтаатон? Наход, ки он њама пандро танњо барои аз дарси адабиёт гирифтани бањои 5 азёд карда будед? Чаро ба ин андоза пастї фурў меравед?! Наход умри дурўзаи инсон лоиќи он бошад, ки ин ќадар ба њилаву найранг, фисќу фасод, фиреби њамдигар дода шавад? Чаро барои як тангаи пуч њамдигарро зањр мезанед, њилањо меандешед? Фиреб медињед? Ба рўятон пўстак кашида даст ба кисањои њамдигар мебаред? Гап занед! Њотам-бизнес, марди сахї, аълочии хониш, ку худат гап зан.
Њотам. Чї гўям устод? Замона њамин хел шуд.
Акбар. На! Замонаро шумо њамин хел кардед! Њар кас барои худаш љавобгўй аст. Наѓма ба дасти худатон шуд. Ќонунро дур дидед.
Магў ин шањр дастуре надорад.
Сарафрозони маъмуре надорад,
Сар андар рўи каф мо сарбадорем,
Магў, ин шањр Мансуре надорад!
Њотам. Устод, муаллими азиз, гапатон њаќ аст, њама дар андешаи њаминем, вале аз саволу љавоб мегурезем. Њоло ки ба љиддият оѓоз кардед, маљбурем рўирост гап занем. Ањволи њамсояњо ба шумо маълум, ягон кас имрўз нони серї намехўрад, дар талаби як бурида нон њама мисли мурѓи Самандари худатон наќлкарда худро ба обу оташ мезананд. Ман чї мехоњам? Наход, ки барои он собуну калўш мекашонам, ки ду суми зиёдї аз њамсояњои бечораам ситонам? На, инро њам аз роњи савоб мекунам: аз дигарон арзонтар ба инњо медињам, дар бозор-ку нархи њамааш зиёдтар аст? Аслан маќсади ман як майдончаи парвоз муњайё кардан. Ман як умр собунфурўшї карданї нестам. Аз фоидаи андак-андак ширкати калон, як корхонаи хурд кушоданиям, ки ба њамаи ин бечорањо љои кору ризќу рўзї расад…
Акбар. Кифоя! Ту халќро мазлум карда пули бедардимиён ёфтанї.
Њотам. Устод… Ин гапњо кўњна шуд.
Акбар. Ња, гапи нав-бизнес-савдогарї-мардумфиребї. Бењуда ба ту Њотам-бизнес лаќаб нагузоштаанд. Не, давлат риштаро дароз партофтааст. Ваќте ки ќилро мекашад, њамаатон ба њуш меоед.
Њотам. Шояд шумо њаќ бошед, лекин ман ин корро накунам, додаронам гурусна мемонанд, худам ба орзуњоям расида наметавонам.
Акбар. Хўш, канї, Мењринисо, ту гап зан. Ин барои шиками додарњояш савдогарї мекардааст, туро чї љини каљалак задааст, ки ба љодугарї гузаштай?
Мењрї. Муаллим, ман љодугарї накардаам. Пешомади мардумро мегўям.
Акбар. Њо-о, бо кадом ќувва? Бо парињо? Рўњу арвоњњо?
Мењрї. Ња, ба ман рў;и шавњарам омада ё сухан мекунад.
Акбар. Њм, инро ба касе гўй, ки туро нашносад. Ту, Мењрии боназокату шармгин, аз фанни физикаву химия, астрономияву таърих бањои панљ гирифта имрўз бахшї шудаї. Яъне, ки фиребгари гузаро, мардуми сарсахти бечораро боз њам бечоратар карда ба умеди ќувваи рўњу авлиё сарсону саргардон карда муфт соњиби пул мешавї.
Мењрї. Даѓал карда гўем, муаллим, њамин тавр: ба худатон маълум, ки отаи бачањо дар ланги домана гузаштанду бо панљ кўдак танњо мондам. Отаи бачањо баъди вафот ба хобам даромада гуфт: Мењринисо, ризќи кўдаконро ман мерасонам, ба назди ту њољатмандон омада аз ќисмати талхашон шикоят мекунанд, ман таќдири онњоро пешгўї мекунам, он ќути лоямуте, ки аз онњо ба ту мерасад, фиристодаи ман аст. Ана, њамин тавр, мо њар гоњ вохўрда маслињат мекунем. Мардум њам розї, охир як сухани нек, як њисси њамдардї ѓами касро сабук мекунад.
Акбар. Агар њамин тавр бошад, ба шўят гўй, ки ягон кони тиллоро ёфта дињад, якбора миллионер шуда мемонї. Майдабозї ба ту чї даркор?
Мењрї (шарм дошта). Мо танњо ба таќдир, ба таќдири одам кор дорем.
Акбар. Сафсатта. Ба ту онњое бовар мекунанд, ки худашон ирода надоранд. Ана, пешомади маро гўй, ман зидди гуфтаат амал мекунам.
Мењрї. Шуморо хафа кардан намехоњам, аздусар боварї надоред…
Акбар. Не, гўй! Бигузор њама донанд, ки сафсатта аст!
Мењрї. Шумо се бор фикратонро  дигар мекунед.
Акбар. Мисли шогирди њазрати Исо дар бораи Исо пайѓамбар?! Ње, бо ин њолатон дар бораи шумо дар як рўз сад бор фикрам дигар мешавад.
Мењрї. Не, шумо аќидаи худатон, мавќеи худатонро дигар мекунед. Ќасаматонро мешиканед, фарзандон аз шумо рўй мегардонанд.
Акбар. Фарзандони ман њама соњиби маълумоти олї. Шумо њасад мебаред. Њамин тавр не, Фаришта. Ё ту аз ман рўй гардонданї њастї?
Фаришта. Не, не дадаљон. Ман аз њељ чиз шикоят надорам!
Акбар. Дидед? Шикоят надоранд. Писарони ман муаллим, олим, духтарам навозанда, шоира. Шумо ки дар банди љањолат мондаед, бахилї мекунед! Аз боигарии маънавии онњо њасад мебаред!
Мењрї. Муаллим, наход, ки шумо бо ин илми олиатон аз дили онњо бехабар бошед?
Акбар. Чї шудааст? Ягон чиз бошад, гўй.
Мењрї. Боигарии маънавии гуфтаатонро мо њам мебинем, аммо чаро ќашшоќии моддии онњоро намебинед? Хафа нашавед, устод, љои гап омад, мегўем: барои фањмидани њамдигар, на барои озори дилњо. Фарзандонатон бо он њамияту ахлоќи баланду эњтироми самимии шарќї наметавонанд ба шумо рўирост бигўянд. Пас, бидонед: фарзандони шумо бо ин њама донишу касби баркамол, чандин моњ аст маоше намегиранд, њарсе писаратон ба зеботарин духтарони шањр ошиќанду духтарон њам бар онњо шефта. Лекин дар хусуси арўсї фикр њам намекунанд. Барои чї – маълум: на маблаѓе барои тўю на љою маконе барои зистан. Охир шумо то њол дар хонаи якњуљрагї мезиед. Фаришта њам фариштаи ростина, бењтарин љавони шањр ба вай дил додааст, вале вай њам андак ќашшоќ. Барои њамин хостгор намефиристад. Шумо нагўед, ки њамаи инро намедонеду намебинед. Биёед, ба њаќиќат бо чашми њаќбин назар кунем.
Акбар. То андозае рост гуфтї, хонаам якњуљрагї, хайрият бачањо ошхонаро ба балкон кўчонданд, бале, бойбача нестанд, вале ин њама муваќќатї--рўзњои хуб бармегарданд. Мо ки њоло киштишикастагонем, сабру тањаммул мебояд. Боз боди шурта бармехезаду моро ба соњил мерасонад.
Мењрї. Мебахшед, устод, мо бо ин гапи Њофизи бузургвор, дар ин рўз амал карда наметавонем. Мо киштишикастагонем, хуб сабр кардем, ки боди шурта хезад, вале нашуд, аз чї бошад, ки бод хомўш аст намевазад. Киштии шикастаи мо ба гирдоби фано бештару бештар фурў меравад.Бинобар ин, ба умеди худо нашуда буттаро доштан лозим. Шумо пеши роњи фарзандонро нагиред.
Акбар. Писарони ман мардони баркамоланд, дар хама кор комилњуќуќанд. Марњамат, агар хиёнат кардан хоњанд ба панду њикмати бузургон, марњамат кунанд. Вале онњо хиёнат намекунанд. Њамин тавр нест?
Фаришта. Дадаљон, мо њељ ваќт хиёнат намекунем.
Акбар. Ман аз фарзандонам боварї дорам, вале таќдири инњо чї мешавад?
Мењрї. Оќибаташ бахайр шавад, таќдири њама дар говгум: мо киштишикастагонем, ба умеди боди шурта аз њар насим умед мекашем, вале бод моро бештар ба вартаи фано мекашад.
Акбар. Агар ањвол њамин хел давом кунад, албатта фано мешавем: љањолат, ѓурур, ѓараз, тамаъ оќибат киштии шикастаи моро пора-пора мекунад!
Њотам. Барои њамин, ман сафари Россияро пеш гирифтам. Дераш баъди ним  сол меояму як сехи калон месозам. Шояд њамин моро аз њалокат рањо кунад. Аз шумо муаллим, як илтимос дорам, ки то омадани ман Фариштаро ба касе надињед. Ман њатман баргашта ба шумо фарзандвор хизмат мекунам.
Акбар. Эњња, ин хостгории навбаромад-ку?!
Њотам. Маро бубахшед. Падарам бандагї карданд, модарам нотоб, ба хостгорї бо дасти холї намеоянд. Барои њамин илољи дигар надорам. Аз Россия, ки омадам, њамааш мувофиќи ќонуну ќоидааш мешавад. Шумо амаки худам. Як дуо дињед барои сафар.
Акбар. Хуб, худованд беиќболат накунад. Солим раву ;оним биё.
Њотам. Рањмат, амак. Хайр, њамсояњо. Шод бошед. То дидана. (Меравад.)
Мењрї. Худо мегўем, ки худо ба осонї љони кампири 92-сола Изергилро гираду хонаи калонаш ба шумо мерос монаду туйро сар кунед.
Акбар. Уф… Чї илољ… Се бор аз навбати хона мондам. Акнун ба умеди кампир Изергил… Ба дарс дер мондам… (Меравад.)
Њама. Худоё, худовандо, љони кампир Изергиро сабукак гир, ки муаллим Акбари Љомї осуда шуда, соњиби хона шаванду туйњоро сар кунанд… омин…

НАМОИШИ 2

Хонаи кампир «Изергил». Парї хонаро ороста мекунад.

Парї (танњо). Ман бояд рўњан тайёр шавам… Ба ќурбонї барои бахти њаќиќиам, барои  вай љигаррехта… чї душвор аст, худоё… Худоё худовандо, маро бубахш, ки ба љои Фаришта худамро бо ин «халтаи пул» шинос мекунам. Худоё, худовандо, ќувватам дењ, сабру тоќатам дењ, ки роламро то охир бозї кунаму соњиби панљоњ доллар шаваму њаќќи љарроњии Ёрикамро дињаму вай шифо ёбаду мо туй шавему… Фариштаи бечора њам як бор соњиби чўљакабоб шаваду фиреби маро нафањмад… омин. (занги дар се бор садо медињад.) Омад! Дароед, дар ба рўи бузургон њамеша кушода.

Мирзо дар даст халтаи нимахолии селофанї меояд.

Мирзо. Мумкин? Ассалому алайкум, духтарони шоњи парї. Мо омадем.
Парї. Биё, љону биё љононаи ман.
           Биё шамъу биё парвонаи ман.
Биё, ки… мурдам дар халтаи холият! Ин чї хел шуд? Канї вайњо?
Мирзо. Кињо?
Парї. Вай, охир: барои хўрдании худат ягон чиз наовардї?
Мирзо. Мебахшї, ман камтар саросема, њозир аз мулоќоти корї омадам, боз як мулоќот дар пеш, баъди як соат. (Соаташро рўи миз мегузорад, то ки ваќт њамеша мадди назараш бошад.) Шикам њам сер.
Парї. Зато ман гурусна! Фаришта гурусна! Тоже мне, ошиќ! Бо шиками гурусна ишќ ба дил намеѓунљад!
Мирзо. Мебахшї. Ваъдагї нашуду… лекин камтар колбаса овардам. Якта коняк њам.
Парї.(Конякро кушода ба ќадањњо мерезад.) Хайр, бобо, ба фикрам, дер боз ошиќбозї накардаї.
Мирзо. Ман аз њардуи шумо ќарздор. Бегоњї ба ресторан меравем.
Парї. Хайр, барои бахти мо! (Ќадањњоро љанг меандозад, менўшад, вале Мирзо не.)
Мирзо. Фаришта канї?
Парї. Фариштаи хаёлиат меояд, андак дертар, зато Парии ростина њамин љо!
Мирзо. Афсўс, ки ваќтам танг…
Парї.(колбасаро реза карда.) Наход, ки ман, Парии ростина аз вай кам бошам?
Мирзо. Не, не, шумо дар њаќиќат парї, ин ќаду ќомат, ин лабу чашмону дандон орзуи дили њар ошиќи бечора аст.
Парї. Эъ, хайрияте, аз забони ширини Шумо ин суханњо аљаб ширин садо медињанд!

Бо њаракатњои сабуку зебову мувофиќ худро рўи дастони Мирзо мепартояд ва ба Мирзо ѓайр аз бўсидани лабони ў кори дигаре намемонад, вале ў худдорї мекунад ва танњо аз дасташ бўсида рањо мекунад, њамчунон зебо.

Мирзо. Бигўед, ки Фариштаи ман кай меояд?
Парї. Њозир, њозир, бобои бетоќат. Яктаи дигар нўшед, ки андак баљуръат шавед. Шумо карахт, вай њам кунду карахт, кулўх барин. Чашмаки ман- чашмаки ту гуфта мешинед! Барои барори ишќи шумо! (Менўшад.)
Мирзо. Боз… маст… нашавем?
Парї. Неъ. Ин ёрї медињад. Шумо умуман, ягон ваќт бо ишќ сарукор доштед?
Бўса карда метавонед? (Магнитофонро мемонад. Суруди ошиќона.)
Мирзо. Намедонам.
Парї. Канї, як озмуда бинед. (Худро ба оѓўши Мирзо љой мекунад.) Чаро ин ќадар шумо бељуръат? Дастро ана ин хел гиред. Ана њамин тавр, Хўш…
Мирзо. Ташаккур барои устодиатон… (Сабук аз лабонаш мебўсад.)
Парї. Аљаб, бўсаи гарми ошиќона! Аљаб њарорат! Аљаб ошиќ! Бењтарин бўса! Давом дињед!
Мирзо. Фаришта кай меояд? Ба ман дер шуда истодааст.
Парї. Уф…(Коняк мерезад.) Шумо нўшед, андак баљуръат шавед.
Мирзо. Ба ман кифоя. Гўед, ки Фаришта меояд, ё намеояд?
Парї. Росташа гўям, Фаришта омада наметавонад. Вай, чї хел фањмонам? Вай њоло духтари хона, кўдак барин. Ман ба љояш хизмат мекунам. Наход, ки ман љои вайро гирифта натавонам, бобољон?
Мирзо. Ту дар њаќиќат, зебо, чуноне, ки шоир гуфтааст:
Сураткаши зебои Чин, рав сурати ёрам бубин,
Ё сурате каш инчунин, ё тарк кун суратгарї.
Парї. Ташаккур (Боз ба оѓўшаш љой мешавад.)
Мирзо. Аммо маќсади ман аз ин мулоќот дигар аст: зављаи поку њалолам – Шабнами чун ситораи сањар дурахшони ман се сол пеш дар эпидемияи домана њалок шуд. Вай барои ман бањои тамоми љањон буд, аммо чи илољ, ки ќисмат моро абадї аз њам људо кард. Зиндагї, гузашти ваќт њама љароњатњоро карахт мекардааст.Шабнам њамеша дар дилам, аз пеши назарам гум намешавад. Вале, чандест, ки дар ин мањалла Фариштаро мебинаму чашмони Шабнам, нигоњи Шабнам, овози Шабнам, фаросату њаёи аљиби Шабнамро мебинам. Ана барои њамин хостам, ки бо Фаришта сўњбат карда дили ўро фањмам ва агар розї бошад, ўро зављаи расмї кунам. Ман њама чизро дорам, вале бахт надорам.
Парї. Бечора.
Мирзо.               Бигзошт маро охир ёре, ки сутудам ман,
Ин рози муњаббатро боре накушудам ман.
Аз ишќ љигархунам, саргаштаву маљнунам,
Бар ќиблаи дидорат дар пои суљудам ман.
Гар ханда кунад бахтам рўзе ба сари сахтам,
Болотар аз имкони ин чархи вуљудам ман.
Дар оташи ин дурї дил сўхт ба ранљурї,
Девонанамудам ман, парвонавуљудам ман…
Парї. Њой, девонанамуд, гўш кун, гуфтї-шинос мешем--шинос шудем, гуфтї гап занем – гап задем. Агар ягон  маќсад дорї гап зану пула барор. Ба мо њамагї 20 даќиќаи дигар монд! Њозир одамњо меоянд, мо бояд хонаро холї кунем. Хайр, аќаллан як почаи мурѓ наовардї.Маро фиреб мекардагї њоло аз очааш таваллуд нашудааст. Пула барор.
Мирзо. Ман њам барои фиреб зоида нашудаам. Ана ин пули ваъдагї. 50-та. Инаш барои хўрокаи аз саросемагї наовардаам. Вале барои чї ин масхарабозиро мекунї? Ба ман барои гуфтугўйи љиддї Фаришта лозим. Ё мехоњї туро ба занї гирам?
Парї. Не, не, аз ин бора чаќ-чаќ нашавад! Ман дорам.Шавњаршавандаам њозир дар беморхона. Фаќат бо Ёрики худам ман хушбахт мешавам!
Мирзо. Пас, чаро бо ман ин мулоќотро барпо кардї?
Парї. Бо ту? Карроче, барои њамон 50 доллар! Духтурон барои љарроњї сад доллар талаб кардаанд. Панљоњта ёфтам, панљоњтаи дигар лозим буд. Аз ту гирифта нарезондаю начакконда ба духтурњо медодам. Ба  ман як тини ту насиб накунад. Вале ту – «девонанамуд», ошиќи Фаришта будаї. Гумон кардам, ки ба ту фарќаш несту… ман имкон ёфта Ёрикамро табобат мекунам.
Афсўс, ки дили туро ёфта натавонистам.
Мирзо. Ана ин худфидої! Барои кўмак ба ошиќат ту маљбуран бо марди дигар барои табобати вай мулоќот кунї! Ана ин эњсос! Ана ин муњаббат! Худфурўзї! Афсўс, ки мисли ту ёре надорам. Ишќи њинду дар назди муњаббати ту-ду пул!
Парї. Њамааш барои њамон 50 доллар. Набошад ба ман ягон ваќт ту барин шишкањо маъќул набудед. Ба ман бачањои соддаи бепул, вале љигарии худамон њазор бор бењтаранд! Боз ба ин зани никоњї даркор будааст. Да, пашол ты…
Мирзо. Ташаккур барои самимият ва ростгўият. Ту дар њаќиќат, парии ростина, яккаву ягонаї. Бояд соњиби рўзгори бењтарин бошї, аз њама хушињои зиндагї бањраманд бошї. Намедонам, ба ќадрат мерасанд, ё не, вале хоњони онам, ки садњо нафар бандаву шайдоят бошанду хизмати туро кунанд. Хоњони онам, ки бошї, бо њама гуноњу савобат бошї, саодатманду хушбахт бошї. (Парї нохост ашк мерезад.) Ман њаргиз намехостам, ки  боиси ранљу озори ту бошам. Мехоњам, ки аз рўи њамаи шумо – парињои тољик ашки ѓамро бишўям, фаќат хандаи шуморо бинам. Шумо њар кадом сазовори як олам њастед. Ин пулњо аз они ту. Афсўс, ки ба мулоќот дер мемонам. Ин њам барои бењбудии рўзгори ту барин парињои имрўз бечораи тољик зарур. (Аз пешониаш мебўсад.)  Дигар ѓам нахўр. «Шод бояд зистан, ношод бояд зистан» - гуфтааст Бедил.
Парї. Пас, ман ќарздор мемонам? Тамоми умр…
Мирзо. Не, ту пурра њисобї кардаї, бо самимияти худ, бо ишќи волоят  ба шавњаршавандаи худат. Дар паноњи худо бошї. Агар ягон сухану рафтори ман боиси ранљишат шуда бошад, маро бубахш. (Меравад.)
Парї (Ашкашро тоза карда беихтиёр табассум мекунад). Њамаашро монда рафт! 50 доллар! Ёрики ман наљот ёфт! Зудтар ба назди духтур!

Девонавор љањида пулро гирифта саросема мебарояд.
Пас аз лањзае Фаришта медарояд.

Фаришта. Ин девона ба ман маътал нашуда давида назди Ёрикаш рафт. Њалолаш бод ишќи њаќиќї…
Мо ба ин дунё, ки гирёну тињидаст омадем,
Норизо аз хештан, беёд чун маст омадем.
Ѓофил аз ин шева болоем, ё паст омадем,
Моњие будем дарёгарду дар шаст омадем.
Аз фаррохи гузаштему ба бунбаст омадем.

Сурату китобњоро љамъ кардан мегирад.
Нохост Мирзо меояд. Њайрон меистад.

Мирзо. Маро бубахшед.
Фаришта. Не, њељ гап не…
Мирзо. Шумо хоњари Парї њастед.
Фаришта. Не…Ња-а.
Мирзо. Номи шумо…
Фаришта. Фаришта.
Мирзо. Њамааш фањмо.
Фаришта. Ба шумо ягон чиз лозим?
Мирзо. Аз саросемагї соатамро фаромўш кардаам.
Фаришта. Ња, ана вай. Марњамат.
Мирзо. Суратњоро чаро кандед?
Фаришта. Лозим.
Фаришта. Чї фањмо?
Мирзо. Ин њама фарњангу фароѓат аз шумо будааст. Дидам, ки вай аз ин љо рафта ба хонаи дигар даромад. Либосашро дар он љо дигар карда рафт. Ин хонаи шумост. Ман хато накардам.
Фаришта. Ман шуморо намефањмам.
Мирзо. Шуморо чанд бор њамроњи Парї дидаам. Ва аслан ба шумо дил дода будам. Ман марди бефиребам, аз фиреб бањра намеёбам. Ман ба шумо бо ин солу њаёт сахт дил бастаам. Кўтоњи гап, мехоњам зављаи ќонунии ман шавед. Вале Парї инро дигархелтар фањмидааст. Хоњиши маро ба шумо гуфт?
Фаришта. Шумо чињо мегўед? Ман њоло дар ин хусус тамоман фикр накардаам, ман њоло кўдакам. Ин хел гапњоро намедонам.
Мирзо. Албатта, якбора ба шумо њам душвор аст. Ман мўњлат медињам. Фикр кунед. Пагоњ боз меоям.
Фаришта. Не, не.
Мирзо. Ман шуморо розї мекунам, падару модар, бародарону хоњарон, њамаатон аз ман розї мешавед.
Фаришта. Ана ин соати шумо.
Мирзо. Инро ба шумо тўњфа мекунам.
Фаришта. Ин соат тиллої.
Мирзо. Бигузор ин лањзаи дидор, ин рўзи саид, ояндаи мову шумо тиллої шавад. Ман њамаро дорам, фаќат бахт надорам. Шумо бахти ман мешавед.
Фаришта. Мебахшед… Инро гиред…
Мирзо. Фурсатам танг аст. Пагоњ сўњбатро давом медињем.
Фаришта. Бефоида. Ваќте дар хона ќариб нони хўрданї надорем, ваќте ки мо киштишикастагони рўзгорем, ваќте ки њама хешу табор, њаќу њамсояњо дар талаби обу дон мурѓи самандар шудаанд, дар бораи кадом ишќу кадом тўй гап задан мумкин аст?
Мирзо. Фањмо, духтари шоњи парї. Шартњои мондаи ту барои ман иљрошавандаанд. Дар байни як моњ њама њољатмандон соњиби љои кори даромаднок мешаванд. Ман ба онњо бо маблаѓ ёрї медињам.
Фаришта. Падари ман аздусар  ба ин пешнињоди шумо розї намешаванд…
Мирзо. Розй кардани падар зарур: он кас муаллиманд, маошашон хеле кам, вале мо барои кормандони ширкат хати форсиро бояд гузарем. Ин дарсро ба падари шумо месупорем. Маошашон 40 доллар.
Фаришта. Уф…
Мирзо. Њамааш хуб мешавад. То пагоњ.
Ќисмати худро чу дарё бахш маљрои дигар,
Ёб тўфони вуљудатро зи дарёи дигар. (Меравад.)
Фаришта. Њељ чизро нафањмидам. Бо Парї мулоќот карду, ба ман изњори ишќ мекунад. Гўё маро дўст медоштааст. Њамааш кори Парї…

Бо алам Акбар меояд.

Акбар. Фаришта,  ту ин љої? Биё, кампирро барорем.
Фаришта. Тинљї њаст?
Акбар. Дар роњ табларзааш гирифта афтидааст. Як одам шинохта ба њамин љо овардааст. Кампир сахт нотоб.
Фаришта. Дўстон њаминро орзу мекарданд. Акнун туйњоро сар мекунед, мегўянд. Шумо чаро ин ќадар оњувоњ мекунед?
Акбар. Афсўс, ки барваќт шодї мекунанд. Кампир ягон њуљљат тахт накардааст.
Фаришта. Њуљљати хонаро? Андак,  ки ба худ омад, тахт мекунад.
Акбар. Афсўс, ки ин табларза аст,  дардаш гузаштааст. Њамин, ки афтод, дигар намехезад. Рафтем, ёрї дењ.

Њарду мебароянд.

НАМОИШИ 3

Рўи њавлї. Њама љамъ мешаванд, њама зиќ.
Мењрї. Худовандо, амонаш дењ, аќаллан як соат ба њуш ор, ки аќаллан њуљљатњои хонаашро ба муаллим бубахшад…
Акбар. Мењриљон, дойираатро гирифта бахшигї бикун…
Мењрї. Лаббай? Шумо њам?
Акбар. Ѓарќшудаистода ба њар хас мечаспад, ки наљот ёбад. Шояд, ки фоида кунаду бо даму дуои ту аќаллан ду соат ба худ ояд.
Мењрї. Хуб, устод. Гап дар ихлос.
Акбар. Канї ту, Парї? Духтараки хушрўй, рафта њамон духтурбачаи љўрата ёфта биёр…
Парї. Шумо гуфтед, ки ин сабукпой аст, ман ўро дафъ кардам.
Акбар. Вай љавони хуб аст, гуноњатро мебахшад. Як сари ќадам омада бинад, шояд, ки ин бемории кампир ягон чизи дигар аст.
Парї. Мегўям, ки шумо даъват мекунед.
Мењрї. Агар аз номи муаллим гўї, пули бисёр талаб мекунад.
Парї. Магарам ба мулоќот даъват кунам. Боз шумо гап мекунед.
Мењрї. Не, њама ба дањон об мегирем.
Акбар. Ин ќадар ноз накун, духтари наѓз. Ман фањмидам, ки ту ѓайри Ёрикат ба ягон кас дил надорї, ишќи њаќиќї дорї.
Парї. Барои номи Ёрикљони мана гирифтанатон шамол барин медавам! (Рафт.)
Мењрї. Оташ гирондан даркор. Њо, њамон тахтаро биёред.
Фаришта. Вай тахтаи девории синф аст. Сањар ба мактаб мебарем.
Мењрї. Дигар чўбу тахта нест.
Акбар (чашмонашро пок мекунад). Њазрати Иброњим ваќти зарурат аз бањри фарзандашон баромада буданд.. Ман кампирро хабар гирам.
Мењрї. Биёр тахтаро. Рўзгор оинаро мўњтољи хокистар кунад.

Тахтаи девории синфро оварда ба табар мезананд, дањшатнок садо медињад. Мењрї бахшигї мекунад. Њама њамроњ мешаванд.

--Худовандо, амонаш дењ, дусоата љонаш дењ!…

Парї меояд. Рўяшро бо рўймолча намоишкорона пок мекунад.

Парї. Бо як азоб розї кардам. Бо туфи бўсааш дањ бор рўямро тар кард.
Мењрї. Онтарафтар равед. Ман корамро ба охир расонам.

Парї ва Фаришта дуртар  мераванд.

Парї. Фаришта, ту аз ман чаро мегурезї.
Фаришта. Нагурехтаам.
Парї. Ту медонї, ки барои ман вай бизнесмени алдаркўса њељ ањамият надорад. Агар ба ту таклиф карда бошад, ихтиёрат, ман танњо хурсанд мешавам. Ман њоло хушбахтам! Пагоњ Ёрики ман аз беморхона мебарояд, шаб дар хонаи наваш чой мекунем ва баъди як њафта тўй мешавем!
Фаришта. Муборак шавад.
Парї. Рањмат, дугона. Ту њам аз вай даст накаш. Њотами туро сараш задагї, на ќадри туро медонаду на ќадри њусну љамоли умуман занро! Ман ба љои ту мешудам,  Мирзои бизнесменро мустањкам меќапидам.
Парї. Охир ту аввал бо ў шинос шуда будї. Чаро наќапидї?
Фаришта. Уф, ман дорам-ку. Ду шўйро ба сарам мезанам? Сари ман ба ин дараља вайрон не. Карочи, ту аз ман шарм надору бахтатро фикр бикун. Насиби ту њамин будааст. Пушаймон намешавї.
Фаришта. Барои ташвиќу тарѓиб боз ба ту чї ваъда кардааст?
Парї. Кї? Мирзо? Девона! Ман худам аз ў гурехта мегардам. Аз њамсояњо њамаашро фањмидам. Биё, оштї.
Фаришта. Биё.
Парї. Ана ин гапи дигар. Хостгор овард?
Фаришта. Овард, вале падарам розї не, њатто шунидан намехоњанд.
Парї. Барои чї?
Фаришта. Вай калонсон мегўянд, баъд касбаш маъќул не- тољир. Макорру морбоз аст мегўянд.
Парї. Ту худат чї мегўї?
Фаришта. Намедонам. Фишори хунам аз камхунї паст шудааст. Аќаллан як почаи мурѓи бирён мехоњам.
Парї. Дар хонаи Мирзо њар як почаи фила мебинї, ки аз хўрдан варам мекунї! Шикамат ана ин ќадар мешавад, дугона!

Акбар бо хотири мушавваш мебарояд.

Фаришта. Баромаданд. Ман назди кампир меравам. (Рафт.)
Акбар. Афсўс, ки бемории малярия будааст. Ин рўйхати доруњо. Ќариб сад доллар мешавад. Ман ин ќадар пул надорам.
Парї. Бо сад доллар сињат мешудааст?
Акбар. Инаш њам дар дасти њаќтаъоло.
Парї. Боз сад доллар сарф карда ба 7-8 њазор доллар соњиб мешавед!
Акбар. Ку њамон сад доллар? Дўстам Музаффари Ѓанї бењуда пеш аз мурдан нагуфта буд:  гўручўби ман ба фарзандонам аз табобати ман арзонтар мешавад. Шифо ёфтанам њам багумон. Хоњї-нахоњї, мемурї.

Мирзо меояд. Парї бошитоб меравад. Њама бо умед ба ў менигаранд.

Мирзо. Ба ман дињед рўйхати доруњоро.
Акбар. Ин чї хел мешавад? (Дастонаш меларзанд.)
Мирзо. Мо ба нияти хайр бисёр ваќт афтодагонро дастгирї мекунем. Ширкати ман барои њамаи шумо љои кор муњайё мекунад. Шумо њамкорони мо њисоб мешавед. Барои њамин, ѓамхорї  дар њаќќи шумо вољиб аст. Дар ин љо ќатори  дўконњо мешавад, дар ин тараф сехи хурд.
Акбар. Оќибаташ чї мешавад?
Мирзо. Њама миллионер мешаванд.
Акбар. Ба њисоби абљад њељ рост намеояд-ку…
Мирзо. Тасаввур кунед, ки дар бораи њамин  кўњ, дар ќабати сангњо тилло њаст, вале роњ ба он хазина якчандто аст. 10 кас ба 10 роњ ба ќулла баромада соњиби тилло мешавад. Ин чї бадї дорад? Бизнес њам яке аз он роњњост. Мо наметавонем, ки њамаро якбора миллионер кунем, њазорсўмї ба њар кас дињем њам, дар байни 2 моњ тамом мешавад. Вале агар барои њама дўконњо кушода дињем, вай ризќи њаррўзаи онњоро мерасонад.
Акбар. Яъне ки њама ба савдогарї гузарад?
Мирзо. Не, албатта. Њар кас ба ихтисоси худаш наздик кор мекунад. Лекин имрўз бисёр ихтисосњо нодаркору камдаромад шудааст. Мисол, муаллимї, муњандисї. Вале барои шумо масалан, наздиктар ба касбатон як корхона мекушоем. Шумо маслињатчии мо дар масъалаи навишти фармону дастурњо. Боз ба њайати мо хати форсиро ёд медињед. Барои хориљаравњо донистани вай зарур аст.
Акбар. Охир, ин спекулянтї нест-ку?
Мирзо. Шумо тиљоратро дар назар доред? Њозир савдо- тиљорат, ё ба ќавли шумо спекулянтї-асоси пешрафти иќтисоди тамоми дунё шудааст. Шумо метавонед, ки чизатонро, масалан хонаатонро ба гарав монда ќарзи калон гиред ва њамроњи фарзандон соњибкории худро сар кунед: замин гирифта дењќонї кунед, ягон корхонача кушоед. Барои шумо бе ягон фоизи фоида ман ќарз медињам. Розї њастед?
Акбар (коѓазро медињад). Бо  фарзандон маслињат кунем.
Мирзо. Хуб, муаллим (Бо телефони дастиаш гап мезанад.) Ба номи муаллим Акбари Љомї ду њазор доллар гузаронед. Худи њамин рўз.
Акбар (чашмонаш калон кушода шуда). Ман албатта бачањоро розї мекунам.
Хонаи кампирро ба гарав мемонем.
Мирзо. Гарав њам лозим нест, муаллим. Ман шуморо сахт њурмат мекунам.
Бењтараш шумо масъалаи рўзи тўйро муайян кунед. (Меравад)
Акбар. Худи њамин рўз њал мекунем.

Парї њайрону гирён меояд.

Парї. Муаллимљон, бадбахтам ман.
Акбар. Ба боѓи ту чй хазон расид, Париљон?
Парї. Ин чї бедодї? Чї бевафої?! Ёрик…
Акбар. Ба Ёрик ягон њодиса шуд?
Парї. У-у-у-…
Акбар. Бемориаш вазнинтар шуд? Мурд? Чї шуд? Гап зан…
Парї. Дина ўро аз беморхона баровардем, як хонаи нав гўё гирифта буд. Барои розї кардани духтурњо ман њама пулњоямро сарф кардам, боз барои хона меваю сабзавот гўшту равѓан бурдам, хўрок додам, бояд рўзи шанбе як тўйча њам мекардем. Ба ман гуфт, ки имрўз ба хонаи худамон оям, баъди ду рўз њамроњ зиндагї мекунем. Ман бо умед ба хона омадам, вале тоќатам тоќ шуда боз соати дањи шаб ба пешаш рафтам, то ки аз обу нонаш бохабар шавам. Вале рафтаму дунё ба сарам чаппа шуда афтид: ўро дар оѓўши њамшираи шафќате дидам, ки дар беморхона табобаташ мекард. Маълум шуд, ки вай хона-хонаи њамшираи шафќат будаасту кайњо онњо маслињат карда будаанд, ки занушўй мешаванд. Њарчанд, ки њамшира дањ сол аз Фарњодик калон, њарчанд, ки вай безебу дар рўяш доѓи кунљитак дорад. Муњимаш, вай соњиби хонаи аз шўи аввалаш монда будааст. Баъди вай боз чор бор шўй карда будааст. Аз њама бадтар, Ёрик маро бо њаќорат пеш кард, гуфт, ки «туро намешиносаму шинохтан њам намехоњам!» Аз ин бадбахтї зиёдтар мешавад? Ман аз дилу љон барои саломатии вай гадої њам кардам, дуздї њам кардам, ба фоњишагї њам рўй овардам, вале вай номарди номусулмон маро шинохтан њам намехохад! Ин чї бедодист, муаллим!? Мегўяд, ки ман бо њар хел духтарњои бехонаву бепули кучагї гап задан намехоњам! Наход, ки камбаѓалї айб бошад? Наход духтари камбаѓал сазовори ишќу дўстдорї набошад?!
Аз гиря дигар гап зада наметавонад. Акбар ўро навозиш мекунад.

Акбар. Ором  шав, духтарам. Дунё њамин хел шудааст. Чи илољ? Аммо ту вай њарзагарди пулпарасти айёрро аз дилат бароварда парто. Ту сазовори бахти бардавом њастї.
Парї. Ман худамро мекушам!
Акбар. Инаш нињояти беаќлї.
Парї. Дунё барои ман дигар маъно надорад!
Акбар. Ту сазовори муњаббати безаволї, фаќат дар интихоби ёр саросема шудї, дил ба бедил додаї. Чунин сањву хато мешавад. Вале њамааш њоло дар пеш. Парво накун, дар кўчаи мо њам рўзе офтоб мебарояд.
Парї. Умеди висол дар ин зиндагии якрангу пуч маро дилгарм мекард. Акнун чї хел, ба хотири чї зиндагї кунам?
Акбар.               Зиндагонї чист?
Рањ рафтан ба рўи ях,
Давидан,
уфтодан,
                рафтан дубора.
Марги инсон чист?
Умре хуфтану хўрдан
                в-аз нав хўрдану
                хуфтан дубора.

Мењрї. Вазнин шав, Парї. Бе ин њам ањволи муаллим вазнин.
Акбар. Инро тасалло дењ, Мењрї. Камтар аз вай љигаррехта хунук карда мон. Ман зуд бармегардам.
Мењрї. Биё, ќайтарма кунам.(Дуое мехонад.)

Мирзо меояд.

Мирзо. Ќайтармаро бо илми мо кардан лозим. Инља биё, парї.
Парї. Ман худама мекушам.
Мирзо. Чени дили Ёрик-партизан мешавад! Ту аз чї хафа мешавї? – Фаќат барои он, ки Ёрик ба ту гуфт, ки се зану дањ маъшуќа дорад? Њайрон нашав, ман пўсти Ёрикро дар чармгарї мешиносам. Љоњилтарин аз љоњилон, нодонтарин аз нодонњо, љаллодтарин аз љаллодњост. Нохост ба дасташ автомат расиду хўљаини калон шуд. Вале даври љангсолорњо тамом шуд. Фармони Президент баромад, њамаи онњоро аз милисаву армия рўфта мепартоянд. Барои њамин вай ба духтари як калоншаванда часпидааст, ки аз як лаб нонаш намонад. Ту бо як кор метавонї ўро сўзонї: мо барин тољирони серпулро ёфта ба вай мегўї, ки зани бойтарин одами дунё шудї. Ана баъд вай месўзад.
Парї. Ман аз вай ин хел умед надоштам…
Мирзо. Ўро маљбур кардаанд, набошад, то чанд ваќт бо ту роли ошиќро иљро карда гаштан мегирифт. Њоло ѓами туро хўрдаасту ў базудї њаќи гапро гуфтааст. Њоло њам сари ваќт, аз худам намон.
Парї. Вале бо дилам чї кунам? Охир ман ошиќаш њастам…
Мирзо. Ин кори осон: дар ин љо мо як сехи хурд мекушоем, ту раисаш мешавї. Шом дар ин тарафи кўча як тарабхонаи калон ва муассисаи нави тибби шарќї месозем. Дилатро дар њамон љо табобат мекунем. Бо дили сињат, бо сару либоси олї, дар зару зевар ѓўтида њар гоње, ки аз пеши Ёрикат мегузарї, вай сўхта љинљак мешавад, дили ту бошад, сињат мешавад.
Парї. Шумо њамаи инро ба ман ба хотири чї ваъда медињед?
Мирзо. Ман бепарда гап мезанам: зани дуюми ман мешавї.
Парї. Вой! Фаришта чї мешавад?
Мирзо. Ин чандон ањамият надорад. Ту палангча, ба ман маъќул шудї.
Парї. Фаришта аз ман меранљад.
Мирзо. Ту ѓами Фариштаро мехўрї, ё ѓами дили дардманди худатро? Бењтараш ќасос гир аз Ёрикат. Ман ба ту ёрї медињам. Шом биё, њамроњ ба маъракааш меравем: дар «Марљона» ба шарафи аз беморхона баромаданаш тўй медињад. Шом дар њамин љо мебинем, ман бо Љипам туро мебарам. (Меравад.)
Парї (Ба Мењрї бо њайрат). Мењрї-хола, илму амали шумо «гаренї» будааст! (Ўро сахт-сахт мебўсад.) Ман аз шумо ќарздор. Чао!
Мењрї. Вале афсўс, ки оќибаташ торику маљњул аст…

Бо гардани каљ Акбар меояд.

Акбар. Мењриљон, як маслињат дењ: духтарамро ба ин марди асил дињам,чї хел мешавад? Модараш нест, ба ман маслињат лозим…
Мењрї. Ман фолашро дидам, парињо маслињат намедињанд. Дили духтаратонро пурсед.
Акбар. Э, вай кўдак аст, зиндагиро чї мефањмад?
Мењрї. Не, вай кайњо аз синни кўдакї баромадааст, орзуву умед дорад.
Акбар.Орзуву умедаша Мирзо баљо меорад. Вале вай 45-сола, зандида.
Мењрї. Гап дар инаш њам нест. Парињояш мегўянд, ки дили Мирзо дигару забонаш дигар. Умуман, оќибати корњо торик аст.
Акбар. Ту њам ба ману духтарам бахилї мекунї, парињоят њам!
Мењрї. Бубахшед муаллим, ман дигар гап надорам.Шумо одами дигар шудед.
Акбар. Аз худат њам безорам, аз гапат њам, љодугар! Гумон кардам, ки як маслињати оќилона медињї. Э, рав-е! (Меравад.)
Мењрї. Худоё худовандо, муаллим ;ам чанд  бор а;идаашро дигар кард,аз  шарри охирзамон наљот дењ, (Меравад.)

НАМОИШИ 4.

Шом. Як гўшаи њавлї. Мирзо   меояд. Чанде рањ мепояд. Дар даст халтачаи дору Фаришта меояд. Мирзоро дида салом медињад.
Фаришта (бо њаё). Салом. (Гузашта рафтанї мешавад.)
Мирзо. Салом, Фаришта. Њоли кампир чї хел?
Фаришта. Номаълум. На ин тараф на он тараф.
Мирзо. Дили худат чї хел? Ба як хулоса омадї? Ман умедњои зиёд дорам.
Фаришта. Мардум аз шумо хурсанд, баумеданд, ки соњиби як бурида нон мешаванд. Њатто падарам аќидаашонро дигар кардаанд.
Мирзо. Аќидаи шумо кай дигар мешавад?
Фаришта. Ваќте ки њама атрофиён хушбахтанд, ман њам шодам…
Мирзо (аз дастонаш дошта). Ташаккур…
Фаришта. Вале ман ваъда додаам ба Њотам. Вай бояд биёяд.
Мирзо. Маро бекорд накушед. Ба дилам ханљар назанед.
Фаришта. Ба дили ман чї? Ба дили Њотам чї?

Њотам меояд, сару либосаш дигар шудааст.

Њотам. Фаришта, худоро шукр! Сињат саломат њастї?
Фаришта. Њотам?!

Њарду беихтиёр њамдигарро оѓўш мекунанд, забонашон аз эњсосашон ќафо монда чи саволу чї љавоб доданашонро нафањмида дар оѓўши њам чарх мезананд. Мирзо ба њайрат афтода телефони дастиашро ба кор медарорад.

Мирзо. Биёед. Вай омад. Дар пеши хонаи муаллим. Не, ман намемонам, ки ба оши ман пашша шаванд!

Пас аз лањзае милисањо омада Њотамро дастгир мекунанд.

Њотам. Шумо чї мехоњед?! Шуморо кї равон кард?
Мирзо. Мо кайњо туро мепоидем. Ин нашъа фаќат аз як кисаат баромад. Љойи захираи героин, дар Россия ба кињо савдо карданатро пурра ошкор мекунї. Барои ёрї доданат мўњлати љазоятро кам мекунем.
Њотам. Њар касе ки бо ман сарбасар шуданї бошад, пушаймон мешавад. Ман бо тиљорати њаќиќї машѓул будам. Ин амали кист?
Мирзо. Амали ман. Баред.

Милисањо Њотамро мебаранд.

Фаришта. Истед, ў бегуноњ аст… (Аз ќафояшон меравад.)

Акбари њайрону Мењрї меоянд.

Акбар. Не, не, не.
Мењрї. Худатонро ба даст гиред.
Акбар. Ѓам аз пайи ѓам омад!
Мењрї. Аз парвардигор зўртар касе нест.
Акбар. Як бор чархи фалак ба коми бечорагон нагашт!
Мењрї. Бечора кампир Изергил, аз дунё рафт.
Акбар. Хонае ки ба вай вафо накард, насиби ман мешавад?
Мењрї. Худатонро ба даст гиред. Дилро эњтиёт кунед…
Акбар. Эњ, худољон! 40 сол азоб кашида соњиби як хона нашудам. Як бор баумедам кардї, боз умедамро кандї!

(Дилашро дошта дар кат мешинад.
Њамсояњо љамъ мешаванд. Њар кас мехоњад ўро ором кунад.)
Мирзо меояд. Њама ба ў боумед менигаранд. Фаришта сархам.

Мирзо. Хонаро холї кунед. Хонаи кампирро барои савоб ширкати ман приватизатсия кард. Аздусар хона давлатї будааст, ягон аблањи дигар муфт мегирифт. Ман дар он хона офис мекушоям. Дўконњоро сахт ќапед. Дар масъалаи заминњои пахта: мо заминро аз шумо кашида мегирем, агар ќарзњоро базудї надињед: Имсол њамаатон аз пахтакорї ќарздор шудед.
Акбар. Ин боз як зарбаи ќисмат. Њама аз пахтакорї миллионер мешаванд, чи тавр ин бечорањо ќарздор мешудаанд?
Мирзо. Дењќониро фаромўш кардаанд. Баъд, нархи пахта дар бозори љањонї фаромад. Харољоти инњо зиёд шудааст. Хулоса, хонањоятонро ба гарав монед, пас аз мо барои шудгору кишти замин трактору сўзишворї мегиред. Њоло аз пайи кор шавед. Дўкондорон, то охири њамин њафта њама ќарзатонро супоред, набошад, аз дўкон мањрум мешавед. (Зањрханда карда назди Фаришта истода бо  калиди мошинаш бозї мекунад) Фањмидї? Ё  зада-зада фањмонам? Чаро шах шудед? Равед!
Мењрї. Бечорањо, нияти мардикорї доштанд, вале баумеди шумо шуданд. Акнун њама ба Россия мераванд! Ба мардикорї, ба ѓуломии маљбурї!
Мирзо. Паяшон канда. Хас каму љањон пок!
Фаришта. Агар њама гап дар сари ман бошад, ман розиям, ки мардумро дигар ташвиш надињед.
Мирзо. Њм… Нархата бисёр баланд бардоштї. Акнун фоида надорад.
Фаришта. Илтиљо мекунам. Канизатон мешавам, мардумро ноумед накунед.
Мењрї. Њамаи мо илтиљо мекунем…
Мирзо. Тиљорат тиљорат аст, пулу мол ба илтиљо, ба мењр, шафќат, гиряву зорї кор надорад. Ба њамаатон љавоб.

Њотам дар ињотаи чанд милиса меояд.

Њотам. Зорї накунед! Љои ин дузахї дар турма аст! Гиред љинояткорро.
Мирзо. Шумо чї кор мекунед?! Ман ба Ёрик арз мекунам.
Њотам. Ин фармони Ёрик. Ман муовини вай шудам, фармони ўро иљро мекунам.
Мирзо. Ту чї мехоњї?
Њотам. Аз ту – њељ чиз. Њамаи корњои ѓайриќонунї, прихватизатсия кардани заводу бозор ва ѓорати сокинони ин шањракро ошкор кардем. Љавобашро дар љои дигар медињї. Барои њамааш љавоб медињї. Баред.
Парї. Хайрият, ки дар ваќташ омадї. Фариштаро халос кардї.
Њотам. Вале мо ба оши пашшахўрдаи дигарњо кор надорем.
Парї. Чї хел?
Њотам. Амак ба ваъда вафо накарда ўро ба Мирзо-бизнес дод-ку?!
Парї. Вале Фаришта фаќат якравї карда не мегуфт. Барои њамин Мирзоро ман машѓул медоштам!
Њотам. Барои њамин ба чашми Ёрик-партизан њардуят нанамоед. Ту – барои он, ки хиёнат карда бо Мирзо-бизнес гаштї, Фаришта- барои он, ки … ман хоњари Ёрик-партизанро ба занї гирифтам. Се моњ пеш дар Россия. Набошад вай маро аз турма халос намекард.
Фаришта. Не, не, не… (Њайрон меравад.  Парї аз ќафои ў.)
Мењрї. Киштии шикастаи моро боди номурод пора-пора мекунад…
Њотам. Воќеан, дигар њама барои пахтакорї фаќат аз фючеристи нав --Ёрик-партизан пул мегиред, созишномаатонро бо Мирзо бизнесу дигарон ќатъ мекунед. Барои бозори нав аз сари нав ба мо маблаѓ месупоред. Њамаи созишномањои пешинаро мо бекор мегардонем. Кори заводча њам дигар мешавад. Мањсулоти вай ба касе даркор нест. Мо онро ба пивахона мубаддал мегардонем.

Садои деворњоро кўфтани кўбаки трактор;о. Њама њайрон. Парї ва милисањо меоянд.

Мењрї. Боз чї зарбаи сарнавишт ба мо мерасад?
Парї (бо њайрат). Ёрики маро њам аз кор гирифтанд.
Њотам. Уфф… душманњо корашонро карданд. Дасти маро набандед. Ман худам меравам. Њоло мо ѓалаба мекунем. Худам меравам…

Милисањо дасташро баста мебаранд.

Парї. Давлат дигар намегузорад, ки раияташро касе бењуда озорад. Дар оѓоз сел хасу хокрўбаро меорад, баъд соф мешавад. Давлати мо њамаро дар љои худаш мешинонад.

Милисањо меоянд. Лањзае њама хомўш.

Мењрї (оташи њазориспандро дуд карда) Худоё, боз кї ба киштии шикастаи мо зарбаи њалокатбор мезанад? Худоё худовандо, аз шарри охирзамон моро паноњ дор!

Душанбе, соли 1997.


Рецензии