Шаголи шергир драма
(фољиа)
Иштироккунандагон:
Майор Шараф Шарифї – корманди хадамоти зидди нашъамандї.
Шерзод – тољир, шахси боэътибори дења, сарвари гурўњи нашъамандон.
Саддод – тољир, ёвари Шерзод.
Мухтор – ходими Шерзод
Шабнам – ќурбонии навбатї, њамсари Мухтор.
Фаришта – ќурбонии навбатї
Дар сањнањои умумї - мишенњои зинда –одамони мањкумшуда, милиционерон, истироњаткунандагон дар тарабхона, халќ.
Воќеаи рўзњои мо.
ПРОЛОГ
Пешпардаи њарири сањна манзараи дохили сањнаро пурра намепўшонад. Дар худи пешпарда сурати мишень –њадафи машќгоњњои низомї калон кашида шудааст. Дар дохили сањна ба таври нимдоира одамони зинда дар шакли мишени зинда истодаанд: як сими ѓафсро доштаанд, мисли бозича--њадафњои «ТИР»; зери пояшон ускунае гузоштаанд аз замин баланд. Њар ваќте ки дар сањна амалиёти ќањрамонон ё сухани онњо оиди пулгирї, нашъамандї, азият додани њамдигар меравад, чанд тан аз мишени зинда њалок мешаванд, яъне чун мишен аз миён болояшон рўи сим хам шуда сипас зери он «меафтанд». Ва њар дафъае, ки як-ду нафар ба ин њол гирифтор мегарданд, тамоми мишенњои зинда ба шакли хор (њамсарой) нола мекунад. Дар мишен будањо метавонанд бо либоси муќаррарї, зебу ороиши њаррўза-зебо, хушсурат, бо галстук, гулўбанду њалќањо, бархе бечораву бархе доро бароянд.
Намоиш бо нолаи мардуми дар мишени зинда љой гирифта оѓоз мешавад. Хабарњои радио аз боби нашъамандї. Аз боло њар гоњ хокаи сафед меборад.
Садоњои хоси фурўдгоњ. Пешпарда. Майор Шараф дар яке аз фурўдгоњњои аврупої. Ўро зуд журналистон ињота мекунанд ва саволборон менамоянд.
--Таджикистан?! Наркотик? Йес!?
--Чаро Тољикистонро ба дарёи аљал мубаддал гардонидед?
--Аввал Гонконг пешќадам буд, баъд Афѓонистон аз вай гузашт, шумо кай нияти аз Афѓонистон гузаштанро доред?!
Шараф. Истед. Кифоя. Тољикон њељ гоњ нашъаманду нашъаљаллоб набуданд, вале дар охири садаи бистум мањз наркомафияи љањонї Тољикистонро гузаргоњи нашъа ќарор дод. Давлати мо бо тамоми ќувва бар зидди он мубориза мебарад, аммо мањз наркобаронњои шумо Афѓонистонро саргањи дарёи аљалу Тољикистонро гузаргоњи он ќарор додааст ва донед, ки резишгоњи ин дарёи аљал Аврупост ва то даме, ки наркобаронњои њанноти Аврупо бар ивази љони њамќавмони худ соњиби сарват шудан мехоњанд, Тољикистонро аз ин гузаргоњ эмин нест. Пас, биёед, њамроњ бар зидди он мубориза барем!
НАМОИШИ 1
Бемористон. Аз як љониб сардухтур, аз љониби дигар љугї меояд. .
Љугї. Садаќа ради бало мегўм. Балота дур кунам мегўм…
Духтур. Э, рав аз ин љо-е. Ман сардухтурам, ба љугї кор надорам!
Зани љугї… Ту сардухтур бошї ман сарљугї њастам, мегўм. Имшаб туя хов дидам мегўм. Аз чашмонат мебинам, ки дар мўњрабозор бист њазор долларат сўхтааст. Боз мисли Шарофат инфаркт нашавї, мегўм, мисли Љиѓелбой заната сеталоќ накунї мегўм, мисли Досалии пашмак митинг карда аз њуш наравї мегўм. Худоро шукр гўй, ки њамсояат ќарз надоду ба дањ њазор доллар мўњра нахаридї мегўм. Биё, пешата кушом мегўм, як илму амал кунам мегўм, њама пулњои мўњраат баргардад мегўм, имрўз аз ин корпус панљсадта меёвї, аз корпуси дигарї сесадта меёвї мегум. Садаќа те, сафедї те, мегўм, пеши кората кушом мегўм!…
Сардухтур. Рост мегўй? Гапат маъќул, бист њазор долларам сўхт. Ма, гир… Пеши корама кушо. (Пул дода меравад.)
Љўгї. Аз љойи љонаш ќапидам, мегўм! Дардаш мўњра будааст мегўм. И-е, пули даридагї додааст!? Њой, исто мегўм! Њељ гоњ пули дар мўњрабозор сўхтагита намебинї, мегўм! Исто, пули сињат те! (Меравад.)
Сардухтур њамроњи Мухтор меояд.
Сардухтур. Оббо! Оббо! Ин чї рўзи сиёњ аст, Мухтор? Э, ошно, чї љабре кардед ба ин мардак? Охир ин њаргиз мумкин нест! Майор Шараф фањмад…
Мухтор. Илтимос, Амин Амонович, сирри мардон пўшида гуфтаанд. Мањз майор нафањмад гуфта ба воситаи шиносњо аз он пули сироти фурудгоњ гурезонда назди шумо овардам. Зеро ки фаќат ба шумо бовар мекунем…
Сардухтур. Мо њамаамон дар тањти назорат. Ман-ку намегўям, вале дар љарроњї чор кас иштирок мекунад. Рўдањо сўрох шудааст. Ин кори вазнин.
Мухтор. Мефањмам, ошно. Розї мекунем.
Сардухтур. Гап дар сари бастани дањони вай чор бедањан меравад.
Мухтор. Розї мекунем. Чї ќадар мешавад? Садта кофист?
Сардухтур. Э, мон-е. Ба балои азим гирифтор мекунї. Бењтараш ошнота аз ин љо гирифта бар.
Мухтор. Ба њељ љой намебарем, ошно: мурдаро зинда кунанда худат њастї, дар ин ноњияи хурд боз кї њаст? Дусадта…
Сардухтур. Уф… Ба хотири дўстии чандинсола, њаќќи нону намаки авлодатон, барои ман не, барои бастани дањани бедањанњо- панљсадта. Доруву уколу дигараш аз њисоби худатон.
Мухтор. Њм…Ин нав кора сар кардааст, њоло тамоман таљриба надораду захира њам… Инсоф…
Сардухтур. Ман зорї накардаам, ки шумо дар шикаматон нашъа кашонда худро бемор кунед, ман зорї накардам, ки худатона нимкушта карда назди ман оед. Ё ошнота гирифта бар, ё телефон мекунам, ки майёр Шараф омада барад.
Мухтор. Хуб, ошно. Гапат маъќул. Аммо аз куљо? Ин дусадта аз њисоби худам.
Сардухтур. Кифоя. Як тинат ба ман даркор нест. (Раќами телефонро мечинад). Бо занаш гап зан. Гуфта буд, ки ба њама нарху наво розї…
Мухтор. Медонед, бо телефон шарт нест. Худам рафта мефањмонам.
Сардухтур. Фаќат ба назар гир, ки фурсат танг, вай њалок шуданаш мумкин.
Мухтор. Мефањмам, Аминљон. Пас аз ним соат занг мезанам.
Њарду пешпардаро кушода мераванд. Мишенњои зинда нола мекунанд.
НАМОИШИ 3
Њавлии Фаришта: кат, миз, гулу гулзор. Аз радио ва телевизор овози ровї дар бораи нашъамандї садо медињад. Фаришта хаставу асабонї ба халтаи селофанї хўрока меандозад.
Садо аз телевозион ( дар бораи ба даст афтодани ќољоќгарони нашъа): «Дирўз дар фурўдгоњи пойтахт сокини ноњияи Гулистон Шералї Бойматов бо дусад грамм маводи мухаддир ба даст афтид. Дар фурўдгоњи Домодедовои шањри Маскав сокинони ноњияи Кафтарпар Азамат Азимов, Гулбй Тошева њангоми гузаронидани нашъа ба даст афтоданд…
Нолаи мишени зинда.
Фаришта телевизорро хомўш мекунад.
Фаришта. Одамон тамоман сари калобаашонро гум кардаанд. Наход надонанд, ки ба аљали рўёрўй мераванду нашъа љони њамаро дар хатар мегузорад. Эњ,.. ањволи Дилшод чї шуда бошад?
Мухтор меояд.
Мухтор. Салом, Фаришта.
Фаришта. Биёед, Мухтор-ака, чї гапњои нав? Ягон бењбудї њаст?
Мухтор. Афсўс, ки бе љарроњї намешудааст. Панљсад доллар лозим мешудааст. Боз якмоња нигоњубин, уколу доруро худамон мехарем, обу зиёфат…
Фаришта. Худоё… Њоло соли падарашро надодаем, дар хона чизи хўрданї намонд. Магарам хонаро фурўшем.
Мухтор. То хонахар ёфт мешаваду хонаро мефурўшї, ки бо шавњарат дидор ба ќиёмат мешавї. Ту њамагї як-ду рўз ваќт дорї!
Фаришта. Ќарз гирифтан даркор.
Мухтор. Аз кї? Ба туи бечора кї њам ќарз медињад? Медонад, ки илољи баргардонашро надорї, гап њам намезананд. Ќарздорию мўњтољ буданатро, ки донистанд, хонаат арзон ба фурўш меравад. Ягон илољи дигар лозим.
Фаришта. Ягон илољи дигар бошад, гўед.
Мухтор. Ту зављаи дўсти љонии ман, мисли хоњарам њастї. Шўят ба ман њаќќи бародарї дорад. Аммо худи ман дасткўтоњам, набошад, чизеро дареѓ намедорам.
Фаришта. Медонам, Мухтор-ака. Ман ба шумо бовар мекунам. Аммо чї илољ?
Мухтор. Ба ту фаќат Шерзод ёрї расонда метавонад. Пули кофї дорад. Аммо њам фоизи фоидаи зиёд талаб мекунад, њам хизмати махсус.
Фаришта. Хизмати махсус? Чї хизмат? Ман аз ўњдааш мебароям?
Мухтор. Занњои мисли ту зебо аз ўњдааш мебароед. Вале ин хизмат дигар -- истифодаи занњои зебо дар гузаронидани баъзе борњои нозук ба хориља…
Фаришта. Пай мебарам. Гузаронидани нашъа?
Мухтор. Афсўс, ки роњи ягона њамин аст.
Фаришта. Не, не. Ин роњи ман нест. Аз он ки њар рўз дар матбуот мегўянд, њар касе, ки ба ин роњ рафт, оќибаташ марг аст: марги худ, марги оилааш, марги одамони зиёди бегуноњ. Не, Мухтор-ака, ман ин корро карда наметавонам.
Мухтор. Хуб, илољи дигар мељўем: ман боз назди дўстон ќарзпурсї меравам.
Фаришта. Ташаккур, Мухтор-ака. (Гусел мекунад.) Тавба… Хизмати Шерзод? – яъне ки нашъаљалобї? Э, не-е. Худо нигоњ дорад… (Телефон занг мезанад. Алло. Дар он тарафи сими телефон – дар пешсањна сардухтур.) Лаббай?
Сардухтур. Шумо Фаришта њастед? Њамсари Дилшод?
Фаришта. Бале.
Сардухтур. Мо рањи шуморо интизорем. Ањволи шавњаратон вазнин шуд…
Фаришта. Худоё, чї шуд?
Сардухтур. Не, не, хотирљамъ бошед, вале фишораш тамоман паст шуда дил суст шуда истодааст. Фавран укол талаб мекунад. Дар мо ин укол њаст…
Фаришта. Илтимос, укол кардан гиред, ман њозир расида меравам.
Сардухтур. Аммо медонед, ки он уколро худи мо мехарем, нархаш гарон.
Фаришта. Ман пулашро мебарам. Чї ќадар мешавад?
Сардухтур. 30 доллар. Баъди њар шаш соат укол кардан лозим, то ваќти љарроњї. Тахмин 6 маротиба укол кардан лозим мешавад.
Фаришта. Чї ќадар!? (Шах мешавад.)
Сардухтур. 6 бор ки бошад, 180 доллар мешавад, бо сўзандору, спирт ва хизмати духтурњо дусад долларакак. Дигарашро ман бароятон бепул мекунам. Алло! Алло! Шумо маро мешунавед?
Фаришта. Ња-ња… Фањмидам. Ман њозир меравам! (нохост гўшакро партофта давида ба хона медарояд ва сандуќчааш дар даст мебарояд.)
Сардухтур. Алло! Алло! Сабил монад, алоќа канда шуд. Чаро ин дахмасаро ман ба сари худам гирифтам. Мурда монад, чї мегўям? (Раќам мечинад.)
Фаришта. Худоё, тамоми њалќаю гўшвору ороишоти арўсиам њатто ба укол намерасад… Чї кор кунам? Аз куљо? Аз куљо пул ёвам? Чї хел охир? (Телефон занг мезанад. Овозаш баландтар садо медињад.) Лаббай? Бале, ман… гўш мекунам.
Сардухтур. Агар байни дањ даќиќа ёфта наоред, аз шўятон умед канед. Ман як шахси беѓараз, вале њаёти бемор дар хавф, вай шавњари шумост. Бепарво набошед, вай мўњтољи ёрии шумост. Маро фањмидед? (Гўшакро мепартояд.)
Фаришта. Фањмидам… Алло!?
Мухтор меояд.
Мухтор. Илоље наёфтам, Фаришта. Њаёти дўстамон месўзад, Фаришта. Роњи ягона – розї кардани Шерзод. Маљбур, ки њастем, мекунем. Тасодуфан худаш аз пешам баромаду табъаш чоќ, ки буд, розї шуд. Барои он ки худатро озод њис кунї, ман зављаи худам Шабнамро њам меорам. Мурѓу нўшокї тани ман. Ягон кабоби хонагї тайёр карда мон. Худо кунаду розї шавад, Дилшод як умр аз ту розї мешавад. Шояд, ки шафќат кунаду њамту дињад.
Фаришта. Намедонам чї гўям?
Мухтор. Розї, шав, Фариштаљон, хоњари љон, дўстамон Дилшод аз даст меравад, роњи дигар нест…
Фаришта. Хуб. Хоњиш мекунем, ки ќарз пурсем… Њоло… барои укол пул бурдан лозим будааст. Дусад доллар. Њама гўшвораю њалќањоямро мебарам.
Мухтор. Меравем, бо мошини ман меравем! (Њарду мебароянд.)
Нолаи мишени зинда. Чанде аз банд меафтанд. Хокаи сафед меборад.
НАМОИШИ 4
Њамон љой. Аз байни сањна суруд хонда Шерзод, Мухтор ва Шабнам меояд. Дар њавлї Фаришта дастурхон оро медињад. Саддод ба сифати хизматгори оддї шишаву мевањоро оварда, мегузорад.
Мухтор. Гулбегимљон мегардам сайлоната!
Садќа шавам зираи дандоната!
Шерзод њамроњ мешавад, бо Шабнам мераќсад.
Њарду. Гулбегимљон мехўрам сайлоната,
Садќа шавам зираи дандоната,
Мухтор. Нигори нозанини ањли дардам,
Шерзод. Гулбегимљон мегазам сайлоната!
Мухтор. Сарамро гар буранд аз ту нагардам,
Шерзод. Гулбегимљон мефучам сайлоната!
Мухтор. Сарамро гар буранд бо ханљари тез,
Шерзод. Гулбегимљон мепучам сайлоната!
Мухтор. Ба хун љавлон занам, гирди ту гардам!
Шерзод. Гулбегимљон, мебўсам сайлоната!
Шабнам. Э, бале, бале!
Шерзод. Барои ин мањфили зебо, барои ин хонумњои ќашанг нанўшидан куфр аст, гуфтаанд машоих! Менўшем.
Мухтор. Бале, хўљаин. Чуноне ки як машоихи дигар гуфтааст.
Саддод ( ки то њол чун муњофиз ором ва берун аз маърака истода буд). Шояд «як шоир гуфтааст» мехостї бигўй?
Шерзод. Ба ту гап нарасидааст, Саддод. Рав, мошинњоро хабар гир.
Саддод. Ба чашм. (Маъюсона, вале фармонбардорона, ботамкинона меравад.)
Мухтор. Мояи хушдилї он љост, ки Шерзод он љост, акои Шерзод он љост, Мекунам љањд, ки худро магар он љо фиганам.
Ё Фаришта!
Фаришта. Лаббай, Мухтор-ако…
Мухтор. Ё Фаришта, такя бар айём чу сањв асту хато,
Ман чаро ишрати худро ба фардо фиганам.
Шерзод. Э, офарин! Расо ба гап љома мепўшонї! Ќанд зан! Шоир шаву рав! Вале ин занњо моро фиреб медињанд. Ин хел намешавад. Ман дар Амрико њам будаму дар Фаронсаву Њабашистон њам, баробарии марду зана наѓз дониста гирифтем ва намехоњем, ки дар ин соња мо, тољикистониён, аз онњо ќафо монем. Баробарї, ки бошад, баробар мебардорем. Барои баробарї ва демократия! Бардоред, хонум. Офарин.
Шабнам. О-оњ, дањонам сўхт.
Шерзод. То насўзї – насозї гуфтаанд машоих. Ана ин афлесунро гиред, тезии араќро бартараф мекунад. Офарин…
Шабнам. Ташаккур…
Мухтор. Не, не, не… (Афлесунро аз дасти Шабнам кашида мегирад, ба Шабнам) --Ваќте ки хўљаин ба касе афлесун ё себ дод, ин маънои онро дорад, ки тамом, њамин занро ў мехоњад. Фањмидї?! (Ба Шерзод.) Ин љо хато шудааст, хўљаин. Ман мехоњам, ки шуморо бо ин зани олиљаноби боѓайрату коргар шинос кунам.
Шерзод. Ин кас – Фаришта – хостгори кори хуб, бењтарин зани дунё. Кори ин кас барои ман – ду кара ду – панљ! Ин кор иљро шуд гуфтан гиред…
Мухтор. Бояд гўям, ки ин кас ба њамаи корњои идораи мо мувофиќ буда метавонанд чандин «ихтисосњоро» иљро кунанд…
Шерзод. Гуфтам-ку, масъала њал…
Мухтор. Вале ин кас Шабнам – зављаи ман…
Шерзод. Њм… Ту ба ман момою бибиатро њам шинос карда мон…
Мухтор. Не, нафањмидед, хўљаин. Ин кас зављаи никоњии ман.
Шерзод. Хайрияте, гумон кардам, ки никоњ надоред. Агар њамин ќадар камбудї дошта бошед, як мулло оварда никоњ кардани шумо барои ман ягон душворї надорад. (Соткаашро гирифта.) Ало, мулло, шумо даркор…
Мухтор. Ман гуфтанї, ки барои кор Фариштабону зарурат доранду…
Шерзод. Дар бораи кор гап тамом. (Боз бо телефони сотка занг мезанад, њамон лањза Саддод њозир мешавад.) Намондї, ки чорта дам гирем. Боз корро ба ёдам овардї. Гўш кун, Саддод, зуд њамроњи Мухтор рафта масъалаи равон кардани бори Лоњурро њал кунед.
Саддод. Хуб, соњиб. Мошини ман тайёр.
Мухтор. Бо иљозаи шумо хўљаин, ман зављаамро гусел кунам…
Шерзод. Ман долларњоро барои гусели зављаат ба ту медињам? Кори наѓз ёфтаї, ландањур…
Мухтор. Хуљаин, маро бубахшед, аммо гап дар бораи он меравад, ки …
Шерзод. Кифоя. Ман фаќат як бор эрод мегирам. Аз паи кор шавед, Саддод. Ин гузаронд. Ба Лоњур равед!
Саддод (ноаён вале сахт аз дасти Мухтор дошта кашола карда мебарояд). Рафтем.
Шабнам (саргарангона). Шумо зуд бармегардед?
Шерзод. Ња: сањарї.
Шабнам. Ман чи хел ба хона…
Шерзод. Шумо ана ин хел! – Шароби нобро ба даст гиред… (Ба шароб доруи сафед меандозад.) Гулбегимљон, мефучам сайлоната! Нўшеду роњат кунед…
Шабнам. Ман маст шудам.
Шерзод. Дар ин дунёи дурўза чорта мастї накунед, намешавад! Бардоред, ки то ављи фалак ба раќс омада шодї кунанд! (Бо дасти худ менўшонад.)
Шабнам. О-о-оњ, ким-чи хел… (Механдад.)
Шерзод. Ана ин гапи дигар! (Мебўсад.)
Шабнам (карахт, вале њоло њуше дар сар дорад.) Мухтор њамин љост. Вай чї мегўяд? Ин Фаришта чї мегўяд? Шўям њамин љо…
Шерзод. Шаѓол бо шер баробар намешавад.
Шабнам. Шаѓол? Бо шер? Баробар намешавад? Шаѓол кист?
Шерзод. Шер – соњиби сайд аст, шаѓол, ки бо сари худ шикор карда наметавонад дум ликконда ба сайди шер њамроњ мешавад. (Мебўсад.)
Шабнам. Агар шер сайди шаѓолро гирад-чї?
Шерзод. Олиљаноб мешавад! Ана ин хел мешавад! (Оѓўш мекунад.) Гўш кун, аљинача, Фаришта ном дорї-а? Ту њам маъќул. Фаќат ин либоса каш. Не… њоло не, пагоњ бо либоси махсуси тарабхонаи «Шерони бињишт» ба кор сар мекунї. Ана ин сесад доллар барои аванс.
Чанд нафар аз мишени зинда меафтанд. Нолаи мишенњо.
Фаришта. Њазор рањмат. Ба чашмонам бовар намекунам.
Шерзод. Агар супоришњоро дуруст иљро карда њар њафта як маротиба бори моро барорї, аз њар сафар дусад долларии дигар мукофот мегирї.
Фаришта. Ташаккур.
Шерзод. Ин андак сархуш шудааст. Ба њуш овардан даркор.
Шабнам. Маро куљо мебаред?
Шерзод. Бубин, ки чи тавр шер сайдашро фурў мебарад.
Шабнам (механдад). Кадом шер? Кист шер? Манам шер!
Шерзод. Ана инро аниќ кардан даркор.
Бардошта ба хона мебарад.
Нолаи мишенњои зинда. Боз чанд нафар аз мишен меафтанд.
НАМОИШИ 5
Идораи кории майор Шараф. Ў нишаста чизе менависад. Милисионери навбатдор Фариштаи парешонхотирро медарорад.
Милисионер. Фаришта Каримова ана њамин кас, рафиќ майор.
Шараф. Ташаккур. Ба шумо рухсат. (Милисионер меравад.) Фаришта… Фариштаи воќеї. То имрўз мехондї, дар боѓча кор мекардї ва нохост ба кочоќи нашъа мешѓул шудї. 200 грамм героинро дар бачадонат љой карда ба Сибир бурданї будї. Чї шуд ба ту?
Фаришта. Илољи дигар надоштам.
Шараф. Медонї ман туро барои чї даъват кардам?
Фаришта. Намедонам. Вале ман гуноњамро ба гардан мегирам. Зеро ки илољи дигар надоштам: шавњари беморамро аз марг халос кардан лозим буд.
Шараф. Ман мехоњам ба ту ёрї расонам.
Фаришта. Бовар надорам. Ёрї ба ман ваќте даркор буд, ки барои љарроњии шавњарам духтурњо 500 доллар талаб карданд. Ёрии одамони зўр барои он лозим буд, ки аќаллан ба духтурњо насињат мекарданд, ки барои набаромадани љони шавњарам аз ман ин ќадар пули бисёр талаб накунанд, баинсофтар бошанд! Ваќте ёрї лозим буд, ки пеши нашъаљаллобонро гирифта, имкон намедоданд, ки ман бо онњо наздикї пайдо кунам.
Шараф. Бале, гапат дуруст, хоњар. Ту медонї, ки ман њамдењаи туям. Майор Шараф.
Фаришта (дигаргун шуда). Майор Шараф? Шунидаам. Дар бораи шумо бисёрињо гап мезананд. Мегўянд, ки марди њалолкор њастед…
Шараф. Барои њамин ба ман бовар бикун: ман мехоњам, ки ба ту ва ба њама одамони зодгоњам ёрї дињам, то ки бадбахтон кам шаванд. Вале барои ин ба мо ёрии ту лозим.
Фаришта. Аз дасти ман чї меояд?
Шараф. Ту бори дуюм аст, ки нашъа мебарї. Аз кї дар куљо кай гирифтї? Бояд ба ман њама шахсони гумонбарро гўйї, ки мо фаврї амал карда њамаи онњоро баробар дастгир кунем.
Фаришта. Не, не, ман гуфта наметавонам. Њарчи кунед, њар љазое дињед, ба ман дињед. Шавњарам дар дасти онњо мисли гаравгон: вай дар шўъбаи љарроњї. То ба пой хестани вай ман хизмат карданї будам. Баъд кўчида, ба ягон гўри дигар рафтанї будам. Вале номи њељ касро намедонам. Як одаме сафедаро ба ман дод, ки умуман намедонистам, њамин хел ѓайб зада рафт.
Шараф. Афсона нахон, Фаришта. Бо ин гуноњатро зиёд мекунї, ин як, дуюм ба ман имкон намедињї, ки ин шаѓолонро дастгир кунем.
Фаришта. Ба ман гуфтанд, ки ба њељ кас бовар кардан мумкин нест. Дар милиса њам одамонашон њастанду дар суду прокурор њам. Маро бубахшед.
Шараф. Ба ман њам бовар намекунї?
Фаришта. Маро бубахшед, вале аз куљо донам? Ман аз њаёти шавњарам дар хавф њастам.
Шараф. Шавњаратон дар шўъбаи љарроњии ноњия хоб аст? Номаш Дилшод аст?
Фаришта. Ња.
Шараф. Њозир месанљем. (бо сотка раќам мечинад.) Амон Аминович, салом. Ин ман, Шараф. Дар шўъбаи шумо Дилшод Каримов аз дењаи мо хоб аст? Хўш… (Ваљоњаташ вайрон мешавад.) Не-е… Тавба… Бубахшед, як бори дигар такрор кунед… (Гўшакро ба гўши Фаришта медорад.) Худатон гўш кунед.
Сардухтур дар гўшаи дигари са;на дар даст гўшаки телефон пайдо шуда гап мезанад.
Сардухтур. Бале, бале, Каримов Дилшод бо яраи рўдањо омада буд, ба љарроњї нарасида њалок шуд, хун зиёд рафта будааст, аз дастамон њељ кор наомад…
Фаришта. Не, не, не. (Аз њуш меравад.)
Шараф. Ташаккур. Њамаи њодисаро дар баёнот нависед. Аз болои ин парванда ман худам назорат мебарам. Љасадро њоло нагўрондаанд ба фикрам?
Сардухтур. Не, не, ду рўз боз соњибашро намеёбем.
Шараф. Вай як њафта пеш ба беморхона афтида буд. Чаро фавран љарроњї накардед?
Сардухтур. Имкон набуд, ташхиси аниќ карда натавонистем. Баъд дилаш суст шуда буд. То доруњои даркориро ёфтем, ки ваќт гузашт…
Шараф. Вале пули даркориро гирифтед? Шарм њам надоштед? Аввал љарроњиро гузаронида баъд њаќ талаб мекардед, осмон ба замин омада намечаспид! Ба ин коратон њам љавоб медињед…
Сардухтур. Рафиќ майёр, мо гуноње надорем. Ростї, вай бо нашъа дар шикам омада буд ва дигар илољ набуд. Ман аз шумо гапи пинњонї надорам.
Шараф. Гапро аз ана њамин сар кардан лозим буд. Њамаашро дар баёнот нависед. Одамони мо баъди як даќиќа наздатон мераванд. Аз љоятон наљунбед.
Сардухтур. Майлаш.
Шараф. Ўро кї оварда буд?
Сардухтур. Мухтор гуфтанї як љўрааш, вай њам тољир, бизнесмен, аз њамин љо.
Шараф. Медонам ўро. Вале њељ гумон надоштам, ки… Хуб. Бегоњї худам наздатон меравам. Бо њамкорони мо ноаён амал кунед, ки шерону шаѓолон турида пинњон нашаванд.
Сардухтур. Хуб. (Меравад.)
Шараф (аз нав раќам мечинад.) Алиљон, ба назди сардухтур дароед. Мухторро зуд ёфта назди ман равон кунед. Бегоњї вомехўрем. (Телефонро гузошта.) Акнун фањмидед њаќиќатро, хоњарам? (Фаришта хомўш.) Фаришта, Каримова?! Аз њуш рафтааст. Њамшираи шафќат, ёрии шумо лозим.
Њамшираи шафќат меояд ва онњо дукаса Фариштаро мебаранд.
НАМОИШИ 6
Як гўшаи Афѓонистон. Саддод ва Мухтори аламзада, ки мисли девона шудааст.
Саддод. Ту шукр гўй, ки ман туро накуштам. Ин љойгоњи мо њам бадак нест, маишат бикун, фаќат хизмати маро бикун. Шукр гўй, ки зиндаї.
Мухтор. Кош маро мекуштї. Њама бињишти хаёлии ман барбод рафт. Дигар ин дунё бароям маъно надорад…
Саддод. Ором шав. Агар хизмати маро ба сидќ иљро бикунї, боз ба ватан бармегардї. Он гоњ њамроњ кор мекунем. Ва ту ќасосатро хоњї гирифт. Ноумед шайтон аст. Ту ба Тољикистон «Љип»-савор, љайбњо пури дуллор меравї… Њоло ин борро аз дарё мегузаронем. Рафтем. (Мераванд.)
Маишаткунандагони тарабхона бо нўшидану чокидани бангу сигор машѓуланд. Нохост бо хандаю шўру валвала љўгї дар даст бухордони њазориспанд дуд дода меояд.
Марди дудї. Диќќат, диќќат! Њар касе ки аз тўњмати ноњаќ, зани зиќоќ сардори золим, зердасти гаранг, бачаи галлу, дарди дилу дарди миёну дарди унзайлини мардакию занакї халос шудан хоњад, як дуд аз ин њазордоруи ман гирад, њамааш як ба як мешавад! Аз њамааш халос шуда ё интарафа мешавад, ё онтарафа! Дуд –ба биё, бача!(Назди мизе меояд, ки мардњо бо хонумњо нишастаанд)
Якта фол бинам, бойбобо!? Ин љебакат пури доллар, ин љебакат сомонї, лекин ба умеди сомонињо нашав, долларњота пок-покиза имшав аз даст ба даст медињї. Лекин њамин чўљаи парї аз ту розї мешавад. Ба шумо дурўѓ мегум, ба худо рост, парињоям ба ман њамин хел мегўянд. Ту аз чўљаи парї намон, бойбобо! Як латифа њаст дар бораи чўља, гўям? Механдед лекин. Агар хандед, як сомонї медињед, нахандед, ман як сомонї медињам. Ана гўш кунед, бойбобо. Якта уќоби фил барин калон, мисли шумо. …Э, аллакай хандидед-ку? Њоли ин тан не. Якта уќоби фил барин калон мисли шумо якта чуљаи майдаяки навдидаи каљкокули мисли ана њамин хонуми ќашанга бардоштасту – не њоло нахандед… Њамин бардоштасту ба нўки осмон бурдааст. Як уќоби дигар вая дида гуфтааст, ки эй девона ба њамин бузургї якта чўљаяки майдањака дар сарат мезанї? Вай чї гўште дорад? Уќоби калони фил барини мисли шумо гуфтааст, ки ба ман гўшташ даркор несту… то нўки осмон љиѓѓасташа бароварданам мефорад! Ња-ња-ња! Ана хандидед! Пула партоед, бойбобо! Лаббай? Ин кас нахандиданд? Пула ин кас мепартоянд-да. Э, ошно, шумо хандед, њамон пула ду таќсим мекунем. Ё шумо ќитиќ доред-мї? Э, ана, хандиданд! Њалолатон бод!
Шабнам назди онњо меояд.
Шабнам. Шумо берухсат чаро омадед? Ба мењмонњо халал нарасонед…
Марди дудї. Ман кори худамро мекунам. Шумо одами нав-ку? Ња, очата об барад, Шерзод! Наѓз медонад кадом чўљаи пария ба кор гирад. И! И! И! Исто худата фол бинам, Бонуча. Ту аллакай ду бор ба њаёт баромадагї – яъне ду бор шў кардагї, лекин ба наздикї боз якта шў мекунї…
Шабнам. Э, худата гум кун, девона ба шўйи ман чї кор дорї?
Марди дудї. Э,э,э. Исто-исто. Як сирра ба ман парињом мегўянд, агар як сўм дињї,мерасонам ба туву хотират шод мешавад.
Шабнам. Э, баро, гаранг накун.
Марди дудї. Хайр, ба пулат дилат месўзад, аз њо ана вай бойбибї намонам, вале ба хотири одамдўстї мегўям, ки шўи аввалинат сињату саломат, вай ба наздикї меояд.
Шабнам. Чї гуфтї?
Марди дудї. Э, вай Россия мардикорї рафтагї-мї? Афѓонистон бангковї рафтагї-мї? Дуздию ѓаррї рафтагї-мї? Намедонам, вале зинда, ба умед, ки њоло шўйи шумо асту љипсавору кисањош пури доллар меояд! Якта панљсомонї барор, давоми ќиссая мегўям…
Шабнам. Росташро гўй, аз куљо медонї? (Аз мизи дигар Шабнамро љеѓ мезананд.) Њозир, акаљон. (Ба марди дудї.) Ман њозир меоям, њамаашро мегўї. Панљ сум не, дањ сўм медињам… (Меравад.)
Марди дудї. Ба фикрам, гапам дар љояш афтид! Њоло аз ин бойбибї намонам. (Назди зани фарбењи дар гардан њафт њалќаи тиллої, либоси мўди охири нимурён пўшида меравад.) Аз бойбибї гардем! Дар њаму нуки бинитон садќа, бойбибї! Дар њамин гардани ѓафсу пешобари пур аз њалќањои тиллотон садќа шавам, бойбибї! Аз њамон пулу пайсањои аз дасти ин љувонакои уволак гирифтаатон панљ сумакашро садаќа кунед, њазор бор садќаю ќурбони шумо мешавам, бойбибї! Хоњед, як суруд њам мехонам.
Бойбибї. Ана ин панљдолларая гиру худата дафъ кун!
Марди дудї. Воњ! Ана, мардум! Бинеду ибрат гиред! Олињимматї мисли њиммати ана њамин бойбибї мешавад! Пул, ки ба киса бемалол даромад, ана њамин хел бемалол ба мо барин чаќќонњо тўњфа мешавад, аз њисоби бангу бангдонаву ишваю ноз, ки муфтакак сўмдор шудед, ана њамин хел -- мисли ана њамин бойбибї олињиммат мешавед!
Муњофиз омада Марди дудиро боэњтиромона, вале дасташро ќат карда мебарорад. Шабнам омада ўро мекобад, вале намеёбад.
Паси мизе љавонон аллакай мадњуш шуда механданд, паси мизи дигаре зани калонсоли фарбење дар гардан њафт њалќаи тилло нимаурён нишаста сари ду љавони нозанинро гаранг мекунад ва бо ноз ба онњо нашъа медињад. Дар мизи дигар ду марди зоњиран хуби олуфта нохост ба њам дарафтода кордкашї мекунанд, бо ишораи Шабнам Шерзод меояд ва онњоро аз њам људо карда якеро ба гўшае мебарад. Ин замон дар тан майка ва шими љинс, дар чашм айнаки сиёњ майор Шараф меояд. Зоњиран бепарвоёна омада назора мекунад ва мизи холї мељўяд.
Шараф (худ ба худ). Ана њамон љойгоњи бињиштї. Тавба… Аз чор дидбонгоњ гузаштан лозим омад… Ба гуфтањо мувофиќат мекунад… Фаќат исбот кардан лозим, ки ин љо нашъа мефурўшанд. Аммо чї тавр? Пароли инњо чї бошад? Охир ин тарабхона муталлиќи Шерзод аст. Шерзод бошад, одами калони ноњия… Хуб, ана он занро баъдтар ташхис кардан мумкин…
Шабнам назди Шараф меояд.
Шабнам. Хуш омадед. Ин љо мизи холї њаст.
Шараф. Ташаккур.
Шабнам. Чї мефармоед?
Шараф. Ман саросема њастам. Моли аз њама бењтаринро биёред.
Шабнам. Њама хўрокњои тарабхонаи мо бењтарин аст. Шашлик, кабоб, кабк… Коняки фаронсавї… Шароби сурхи итолиёї.
Шараф. Сафеди сахттаъсири тољикиаш нест?
Шабнам. Шумо чиро дар назар доред?
Шерзод омада майор Шарафро мебинад.
Шерзод. Эњња, ба даргоњи камбаѓалонаи мо хуш омадед, майор Шарафов! Хуш омадї љўраљон! (Оѓўш мекушояд.) Хайрият, ба даргоњи камбаѓалонаи мо назар мекардаї! Телефон мекардї, худам дар поён пешвоз мегирифтам.
Шараф. Ташаккур, дўстам. Хеле саросема будам. Як сари ќадам хабар гирифтам.Нав омадам.
Шерзод. Хеле хуб. Хуш омадї. (Ба Шабнам.) Дўсти давраи бачагии моро нашинохтї? Майор Шараф! Зуд кабкбирён биёр, коняки фаронсавї… (Маслињат дода ба тарафе мебарад.) Аз сафеда дањон накушо. Мо њамту тарабхона.
Шабнам. Хуб, хуб.Фањмидам. (Меравад.)
Шараф. Ташвиши зиёд накаш. Ман дар сари рул. Њафтаи дигар ањли оилаамро оварданї њастам бо як дугонаи олуфтааш – духтури хеле шинохта. Ба гумонам, њамин љой оварда мењмондорї кунем, сахт хурсанд мешавад.
Шерзод. Мо дар хизмати шумо. Ин њамоне, ки янгаро љарроњї карда буд?
Шараф. Ња, њамон, бисёр љарроњи хуб, зани мењрубон.
Шабнам коняку газак меорад.
Шерзод. Коняки тозаи фаронсавї. Танњо дар тарабхонаи мо…
Шараф. Ташвиш накаш, ман дар сари рул.
Шерзод. Мошини нав гирифтї? Муборак шавад.
Шараф. Мошини худам дар таъмир. Як дўстам мошинашро дод, ки ба ќишлоќ омада падарамро хабар гирам. Ин «Мерседес»-и њамон кас…
Шерзод (ба як тараф.) Не, омадани майор бењуда нест… Чї хел роњ ёфт?
Шараф (ба як тараф). Њушёр будааст. Вале бо вуљуди ин њамааш маълум. Дар ин љо чандон муњофизони зиёд надорад. Њамаашон дар поён, дар назди купруки дарёча. Амалиётро оромона давом додан даркор. Бо бозингар бозї мекунем. Агар конякашро нанўшам, вай аниќ ба мудофиа гузашта њамаро пинњон мекунад…
Шерзод. Дўст ояд гарм дар оѓўш гир, расми хуби тољиконро гум накун, гуфтаанд машоих. Хушбахтам, ки дўсти бачагї, яке аз муборизони матини зидди наъшамандиро дар ин кулбаи фаќиронаам мебинам. Барои дидор.
Шараф. Ростї, ман дар сари рул…
Шерзод. Парво накун, њама кормандони ГАИ шогирдони худамон. Ту бошї марди њушёр. Сад шиша араќ занї њам мошинро идора мекунї.
Шараф. Хуб. Барои дидор. (Менўшанд.) Вале ман дар њаќиќат, саросема. Љоятро дидам, маъќул шуд, албатта меоям.
Шерзод. Як соат кору ташвиши дунёро фаромўш кун, дўстам. Ё дар ќишлоќ њам ягон бўйи нашъаро њис кардиву бетоќат шудаї? Дар ин тарафњо тинљї њаст?
Шараф (ба як тараф). Хуб, як чанг хезонем, чї мешавад? (Ба Шерзод.) Ба ростї, гумон доштам, ки ин дарёи аљал дар љойњои дур асту ба гирду гўшаи мо намерасад. Аммо хабарњо њаст, ки дар ин зодгоњи бињиштии мо њам чанд бешараф ба ин амал даст мезадааст.
Шерзод. Не-е! Ин номумкин аст. Тўњмат мекунанд. Медонанд, ки љойи мо як олами бињиштї аст, њасад мебаранд, барои њамин тўњмат карда беобрў кардан мехоњанд. Коняка гир. Кабккабоб. Танњо дар тарабхонаи «Шерони бињишт».
Шараф.Ташаккур. (Ба як тараф.) Хеле сипоњ аст, вале ин хабар ўро андак безобита кард… Мушоњидаро давом медињем. Вай љавон, ин зан… нашъаманданд.
Шерзод (ба як тараф). Муттањамњо, чї хел инро нашинохта роњ додаанд?
Шараф. Дар њаќиќат, «Шерони бињишт» - љойи хуб аст. Зеби диёр, боби мењмондории мењмонњои азиз, дўстони хориљиамон.
Шерзод. Бовар бикун, дўстам, њарчї дар бораи нашъаву нашъакорон бошад, дурўѓ аст, барои беобрў кардани ноњия аст, тўњмат аст…
Шараф. Кошки ин фаќат тўњмат бошад.
Шерзод. Ман шабурўз дар хизмати халќам, дар бораи занбезору авбошу порахўр маълумот дорам, аммо дар бораи наъшакору наъшаљаллоб чизе намедонам. То ваќте ки дар ин мулк њастам, намемонам, ки ќадами нопоки наъшамандї дар ин љо роњ ёбад. Ягон гумоне пайдо шавад, ба худат арз мекунам. Ё ки аз боло ягон гапи воќеї гуфтаанд?
Шараф. Не, фаќат шубњањо њастанд. Ёди љавонї карда ба дења омадаму як туро бинам гуфтам. Охир њама гапро аз худи ту фањмидан мумкин.
Шерзод. Ташаккур. Шин, охир, ёди бачагї кунем…
Шараф. Ин кас Шабнам нест?
Шерзод. Ња, мешиносї?
Шараф. Не. Дар кадом тўйе дида будам: наѓз мераќсиду гап мезад.
Шерзод. Барои рўзгузарониаш ба кор гирифтаам. Вале туро љавоб намедињам.
Шараф. Ман боз меоям.
Шерзод. Кай?
Шараф. Шароит, ки шуд, албатта меоям. Хайр. (Меравад.)
Шерзод (нороњат шуда ваљоњаташ таѓйир меёбад, асабонї гап мезанад.Телефонро ба кор медарорад.) Гўш кун, хар, вай аз куљо пайдо шуд? Чї хел бемамониат то ба ин љой расид? Э, мон-е!… Ња, хар? Шера дур дидї? Э, очата ба чашмат нишон медињам! (Аз нав раќам мечинад.) Шеф, тинљї њаст? Занак ба даст афтидааст? Хайр, мо ўро намешиносем. Шараф омада буд. Ба фикрам, бебало нест. Савдо ќатъ шавад. Аз ман гумонбар нест. (Телефони дастиро мањкам карда.) Шабнам! (Шабнам меояд.)
Шабнам. Имрўз аз њама ваќт зиёдтар фурўхтем. Ана пулаш…
Шерзод (пулњоро гирифта, гирдаш чун шер гирди сайд чарх мезанад). Ту, ба майёр Шараф чї наздикї дорї?
Шабнам. Њељ гуна.
Шерзод. Фањмо. Ягон хабар рафтааст. Ањволи шўи дугонаат Фаришта чї шуд?
Шабнам. Ба пой хестааст, мегўянд
Шерзод. Не, вай ким-кайњо… тамом шудааст.
Шабнам. Ё, худољон…
Шерзод. Агар пурсанд, на Фариштаро мешиносї, на элу авлодашро! Аз шўят се сол пеш људо шудаї, фањмидї? Ў њам ба даст афтидааст.
Шабнам. Хуб. Акнун равам? Ду кас ба тарафи ман ишора мекунанд.
Шерзод. Имрўз дигар сафеда намефурўшї. Махсусан аз одамњои нав эњтиёт шав. Ягон чизро ки пай бурдї, ба ман хабар те. Рав. Ист. Ба чашмонам нигар. Майлаш, рав.
Шабнам. Хуб. (Меравад.)
Шерзод. Њм… Ман ба ќуљои ин аљина дил додаам? Саддод њам ба вай часпидааст… Ба њељ кас боварї нест…
Саддод меояд, хеле густох аст.
Саддод. Чаро савдоро бастед? Дар чор марказ хомўшї.
Шерзод. Барои эњтиёт, андак хомўш шиштан даркор.
Саддод. Ваќт ѓанимат аст, соњиб. Бор омадааст. Пайса лозим.
Шерзод. Ту, шаѓол, пайи кори худат бош, бо шерон баробар нашав.
Саддод (дардмандона механдад). Мо њаргиз бо Шерзод баробар нашавем. Ба мо пасмондаи хўрокаи шер кофист. Вале ба дилам зад бемаишатї.
Шерзод. Чиро дар назар дорї?
Саддод. Шабнама мехом ва ин дукона.
Шерзод. Намешавад, барои ин љойгоњ ман тамоми умрама бахшидаам. Шабнам, ба Дод хизмат расон. (Шабнам шаробу хўрок меорад.) Ба ин дил додаам.
Саддод. Розит мекунам. Њамин тавр бояд шавад… Бистта.
Шерзод. Ту ба ман фармон медињї?
Саддод. Ту ба ин розї шав. (Бо ханда.) Илољи дигар надорї.
Шерзод. Ту ба ман фармон медињї? – Ба Шерзод? Соњиби ин даргоњ? Соњиби ин ватан? Фаромўш кардаї, ки ту кистї?
Саддод. На, ман озодкардаи туям. Вале ман маљбурам, ки инро гарон бошад њам аз ту бихарам. Ва он чї ман гуфтам, њамон мешавад. Чилта.
Шерзод. Э, ман туро медонї чї кор мекунам? (Телефони дастї занг мезанад) Алло… Њозир… (Дуртар меравад.) Њама роњњоро бандед… Аз рўйхат бароред.
Чанд нафар аз мишени зинда меафтанд.
Байни Саддоду Шабнам муноќиша сар мезанад.
Саддод. Ташаккур, хонум. (Якто саддоллараро миёни синањои Шабнам мемонад)
Шабнам. Лозим нест. Хўљаин хафа мешаванд. Шумо мењмони мо.
Саддод. О вањ! Пас худам хатоямро ислоњ мекунам: бо дандонам кашида мегирам! Хам шуда бўсидан мехоњад.)
Шабнам. Њадди худро бидон, оѓо! (Шаппотї мезанад.)
Саддод. Оњњо! Чї хубе! Ма ќурбони и дастои булўрин…
Шабнам. Ба хўљаин арз мекунам.
Саддод. Ў хўљаин нест. Хўљаин манам. Бе ман њамаи шумо ба арзи пайсае нестед!
Шабнам. Аз он рўзе, ки шавњари маро гирифта бурдї, ба ту нафрат дорам.
Саддод. Агар хоњї, ўро ба ту баргардонам. Вале чї лозим. Ту диламро бурдї.
Шабнам. Чизе нафањмидам. Шавњарамро бармегардонї?
Саддод. Бале. (Шабнами њайронмондаро бўсидан мехоњад. Шерзод меояд.)
Шерзод. Ин мол барои фурўш нест.
Саддод. Дар ин дунё њама чиз барои харидану фурўхтан аст. Њам ину њам дуконро мехом. Панљоњта.
Шерзод. Инсофата худо гирад, Саддод. Ба љигарам нохун назан. Гап тамом.
Саддод. Панљоњтаву тамом. Мо хизматгори шумо.
Шерзод. Ту аблањї, бедилу беруњ њастї! Шафќат надорї. Гум шав.
Саддод. Садта!
Шерзод. Ту маро куштї.
Саддод. Ихтиёрат. Худат бепул таќдим мекунї. Агар саду панљоњтаро нахоњї. (Рафтанї мешавад.)
Шерзод. Ин ишорат ба чист? Ту боз тањдид мекунї?
Саддод. На, соњиб, ман тиљорат мекунам. Нахоњї, не.
Шерзод. Майлаш. Дусадта. Фаќат наќд. Худи њозир.
Саддод. Пайса дар мутар. Бо мутар бигир. Њуљљатњоро те. Шабнамро худат никоњ мекунї. Дигаронро ман иваз мекунам.
Шерзод. Ихтиёрат. Шабнам, ин љо биё. Ман дўконро бо њама ходимонаш ба ин фурўхтам. (Ба њама шароб мерезад. Ба ќадањи Шабнам дору меандозад.) Ту њам дар хизмати њамин њастї. Маро дигар намешиносї. Ќоидаи мо њамин хел.
Шабнам. Ман аз кор меравам. (Мехезад, вале сараш чарх мезанад.)
Саддод (ўро медорад). На. Омадан бо иродату рафтан бо иљозат. Ту њам хизматгори аљал шудаї. Бидон, ки хизматгори аљал ѓуломи аљал асту аљалаш дар аљала аст! Њам ту, њам шавњари ту, њам ин шеру шербачањои шумо дар дасти мо њастанд! Аз ин пас, ту озодї аз канизї, вале хонуми дили ман шудї!
Шерзод (дар ин байн бо љомадончаи пул баргашта бастањои долларро њисоб мекунад.) Ту девонаї, Саддод. Нагузарон.
Шабнам. Шерзод, намефањмам. Куљост шерии ту? Куљост мењри ту?
Шерзод. Њама савдо баљост. Ќоидаи савдо њамин аст. Алвидоъ. (Меравад.)
Шабнам. Пас, шаѓолон шергир шудаанд?
Саддод. Шери асил манам. Ту инро намедонистї. (Телефони соткааш занг мезанад.) Бале. О кей! Љое ман дањон кушодам, њамааш олї мешавад. Љон, ту аз ман ќарздор. (Бо дигар кас алоќа мекунад.) Майк, савдо пухт…
Шабнам. Худоё, ин чї сирру савдост? Ман дар куљоям? Сарам чарх мезанад!
Саддод. Ба ту њаво намерасад, хонумча! (Гиребонашро пора мекунад.)
Шабнам. Худоё, шаѓолон шергир шудаанд… Шаѓолон шергир ш…
Саддод (бардошта ба хонаи дарун мебарад). Омин!
Чанде аз мишени зинда меафтанд. Шерзод дар даст сотка меояд.
Шерзод. Њама роњњоро кушоед. Худатон њамроњї кунед. (Аз нав раќам мечинад.) Майёр Шараф? Гурўњатонро фиристед. Њамааш аниќ шуд. Ман дар њаминљоям.
Садои хоси мошинњои милисия. Ду-се милисионери маскапўш ва Шараф меоянд.
Шараф. Њељ чиз намефањмам. Охир ин тарабхонаи ту буд?
Шерзод. Лаънат ба наъшаљаллобон, ки бињишти сохтаи маро ба маскани фисќу фасод мубаддал кардаанд! Охир ман як моњ пеш инро ба Саддод фурўхта будам. Маълум шуд, ки вай касофат бо ин кор олуда будааст. (Шабнами карахтро меоранд.) Ин Шабнам њам бозичаи дасти онњо шудааст, хизматгори аљал шудааст. Як бурида нон ёбад гуфта ба кор гирифта будам…
Шараф. Баёноташро гиред. Шерзод, худи Саддод дар куљост?
Шерзод. Бояд дар тарафи анбор бошад. Он љо паноњгоњ. (Садои таркиш.) Худоё анборро тарконд! Ин кори Саддод! Хонаам сўхт!
Шараф. Шумо дар њамин љо истед. Ин фармон! Њама ба тарафи анбор!
Милисионерон мераванд. Як милисионери маскапўш меояд.
Шерзод. Наход, ки њама молу маноламро сўзонда бошад? Хабар гирам…
Милисионер. Биист! Ба ту иљозат нест! (Мили таппончаро медорад.)
Шерзод. Командир, ман Шерзод. Ман худам шуморо даъват кардам.
Милисионер. Олиљаноб. Ман њам бовар доштам, ки ин кори туст.
Шерзод. Кистї ту? Овозат шинос менамояд. Ман Шер, нашинохтї!
Саддод. Ман – аљали ту! Вале ту њаргиз шер набудї! Зеро ки шер шерро намефурўшад! Пас, ту шаѓолї, ки даъвои шерї доштї! Ман њам як шаѓолакам. Вале дар хизмати шерони асил. Медонї шерон дар куљо мегарданд? Аз ин љо дур. Ту ки шерро дур дидї, худро шер хондї! Чї кўрдилие!
Шерзод. Напаррон, Саддод, ман хизмататро мекунам! Халосат мекунам!
Саддод. Њољат нест. (Садои милисањои наздикшудаистода.) Алвидоъ! (мепаронад.) Аз шери ќалбакї шаѓоли асил будан болост!
Шабнами карахт андак ба худ меояд ва љасади Шерзодро оѓўш мекунад.
Шабнам. Ту ўро куштї! Саддод!
Саддод. Ба ту чї фарќе! Ў ки туро фурўхт!
Шабнам. Аз ў дар батнам кўдак дорам. Вай мисли ту даѓал набуд. Ту тамоман њайвони даррандаи вањшї њастї…
Саддод. Пас, ту њам аз пайи вай. (Мепарронад.) Боз кї бо ман гап задан мехоњад? (Ба толор мили таппончаашро медорад.) Кї љуръати бо ман њарф заданро дорад? Њарки бо мо гап занад, њолаш мисли инњо шавад!
Шабнам (базўр њаракат карда, таппончаи баѓали Шерзодро бароварда чанд тир мепарронад, Саддод меафтад.) Њарки бо нашъа вобаста шуд, оќибаташ марг будааст. Афсўс, ки инро фањмида бошам њам, ањамияти даркорї надодам. Мехоњам, ки дигарон ба доми ин шаѓолон гирифтор нашаванд! (Мемирад.)
Милиционерњо меоянд. Ба ташхису суратгирї машѓул мешаванд. Чанд миљозони чанде пеш дар тарабхона нишастаро низ дастгир кардаанд.
Шараф. Њама ќурбон шудаанд!? Ин милиса кист? Оњ, Саддод. Њамааш маълум шуд…
Нохост журналистони зиёди ватанию хориљї пайдо мешавад.
Журналистон. Ин њодисаро чї хел шарњ медињед? Тољикистон дар интимќоли нашъамандї кай ба љои аввал мебарояд?
Шараф. Кифоя. Донед, ки тољикон ва тољикистониён њаргиз дар мушкилтарин айёми рўзгори худ њам нашъаманду нашъаљаллоб набуданд. Мањз наркомафияи љањонї дар охири садаи бистум Тољикистонро ба гузаргоњи аљали сафед мубаддал гардонд! Вале агар наркобаронњои љањон Афѓонистонро ба саргањи дарёи аљал ва Тољикистонро маљрои он ќарор дода бошанд, резишгоњи дарёи аљал Аврупост! Пас, ин фољиаи кулли башар аст! Хизматгорони аљал миллату мањаллу нажод надоранд, њама чокарони Иблис њастанд! Пас, аз шумо талаб мекунам: Тољикистони маро дучори аљали паёпай нагардонед! То даме, ки наркобаронњои олам бар ивази љони њамќавмони ман соњиби сарват мешаванд, тољикистонро аз ин гузаргоњу аз сарнавишт халосї нест! Пас, агар хоњед, ки аз Тољикистони ман ба љањон фаќат шеъри нобу сухани олї, шањду шарбат, тиллову нуќра интиќол гардад, пеши роњи наркобаронњои худро гиред! Тољикистони маро ба мусибатњои нав гирифтор накунед!... (Стоп- кадр)
Эпилог.
Ќатори мишени зиндаи шањидони сафедпўши нашъамандї бо куштањои нав пурра мешавад. Суруди ноламонанд аз фољиаи нашъамандї.
Парда.
Июли соли 2003.
Свидетельство о публикации №223032700378