Вулкани хомушшуда Потухший вулкан драматургия

 
Љумъа Ќуддус



ВУЛКАНИ ХОМЎШШУДА


Драма дар як парда

Душанбе  - 1987с.

Иштироккунандагон:

Рустам – 38 – сола, машинисти экскаватор, депутати Совети Олии республика, шахсияти маъруф, њоло бемор, нав аз беморхона љавоб шудааст.
Мадина – њамсинфи Рустам, инженерии муттасадии сохтмони комплекси маданияту спорт.
Насим – њамсинфи Рустам, саринженери Управленияи сохтмон.
Мурод – Бангї – њамсинфи Рустам, ронандаи таксї.
Зиё – њамсинфи Рустам, мулло.


Дар сањнаи таљдидї аъзоёни бюро.
    Хонаи ба таври замонавї оростаи Рустам. Њама чиз дар љояш истодааст, вале буттаи гули хушкшудаи назди тиреза гувоњи он аст, ки ду – се моњ инљониб дар хона касе набудааст. Рустам бењолона меояд. Мекўшад, ки ба ягон чиз ањамият надињад, вале ин кўшиш ба ў даст намедињад. Гўё њар як ашёи хона ба љигарашщ чун тир халида ўро нороњат мекунанд. Мудом зери лаб пичир – пичир мекунад, њар гоњ, ки нооромияш бештар шавад, пичир пичираш баландтар шуда баъзе калимањоро мешунавем.
       Рустам – Наѓз… Њамааш наѓз. Метавонист мз ин бадтар шавад… бачањо дар хонаи бобояшон…Њељ гап не…метавонист аз ин  њам бадтар шавад…Ин фалокат аз куљо  ба сари мо омад? Ин чї балои бад буд? Наход, ки њамаи ин кори тасодуф бошад?...њамааш наѓз, метавонист аз ин њам бадтар шавад.
   Рустам бењолона рўи диван дароз мекашад ва ба нуктае чашм дўхта љиддї мешавад. Фокус шуда, дар кадр лавњаи бюрои партиявии шањр падидор мегардад. Ин хаёли рустам аст.
                Лавњаи таљдидї I
        Маљлиси бюрои партиявии шањр. Дар лавњањои таљдидї мудом гуввоси ба мусиќї монанд ё мусиќии ба садои нолиш монанд садо медињад. Њама аъзоёни бюро андак парешонхотир нишастаанд. Насим коѓаз дар даст хеста мегўяд. Аввал мо чизеро намешунавем. Пас, якбора садои ў баланд садо медињад. Дар гўшае Рустам нишастааст ва аз садои Насим ба худ меларзад.
        Насим – як таклиф ба миён омад: барои ахлоќи бад ва худписандиаш Рустам Баротов аз сафи партия озод карда шавад. Ба овоз мемонем. Касе, ки тарафдор бошад, даст бардорад.
         Аъзоёни бюро ба якдигар нигариста бо дудилагї бељуръатона даст мебардоранд. Насим чизе мегўяд. Рустам вазнинона аз љой хеста аз киса билети партиявиро мебарорад, вале то мизи президиум нарасида, дилашро дошта меафтад. Садои сигнали машинаи “Ёрии таљлилї” Дар кадр чашмони Рустам ва бо њамин сањна торик мешавад.
         ЛАвњаи таљдидї хотима ёфта Рустам дар хона намудор мешавад. Рустам пичир – пичир мекунад.
       Рустам – Њељ гап не. Метавонист аз ин бадтар шавад. Њамааш наѓз. Њамааш наѓз…Наѓз…
      Бесадо кадам монда Насим меояд. Аввал ба даруни хона назар меандозад. Чун мефањмад, ки ѓайр аз Рустам каси дигар нест, ќафо рафта сурфа мекунад.
      Насим – Ўњў, ўњў. Рустамбой, њастї, љўра?
      Рустам – Гўё, ки њастем. Биё, љўраљон.
Хомўшона вохўри мекунанд.
Насим – њамааш наѓз, љура. Ягон ѓам нахўр. Мутавонист аз ин њам бадтар шавад. На аз бачањо парво куну на аз кор. МА ба ту љои фикр мекунам. Аз њамааш муњим ин, ки сињат шудї.
Рустам – таксиро ту ба беморхона фиристодї?
Насим – Ња, урз, ки худам рафта натавонистам. Тарсидам, ки маљлис кашол меёбаду дер мекунам.
  Рустам- Ташаккур.
Насим – Ту – ку аз ман хафа нестї?... Њамон рўз дар бюро њама бар зидди ту овоз доданд… Ман њам маљбур шудам. Чунки аз ду сар як овози ман ањамият надошт.
Рустам – Ба гузашта салавот.
Насим – Офарин! Ана, њамин хел мард бош.
  Рустам – Вале як чиз маро ором намегузорад: ин бало аз куљо ба сари ман омад?
Насим – Ту њељ чизро фикр накун. Њозир аз ресторан хўрок меорам, як маишат кунем. Бачањоро аз хонаи падар биёрам?
Рустам – Не, бегоњи худам рафта меорам.
Насим – Хуб. Дар хусуси кор чї андеша дорї? Абдулатиф Кўганбоевич экскаватори туро ба Каси диагр доданд. Боз… да њонї фармуданд, ки дар управленияи худамон дар ягон љой ба кор нагирем.
Рустам – Њамааш наѓ… Њамааш наѓз…
Насим – Ба ту чї шуд?
Рустам – Њеч гап не. Духтур маслињат дод, ки њамин тавр худамро ором кунам.
Насим – А – а? ин хел гўй? Хулоса дар бораи кор…
Занги дар садо медињад.
Рустам – Њозир…
Насим – Не, ист ин кї бошад? (Ба долон баромада зуд бармегардад; бо њарос). Ин муроди Бангї!
Рустам – Хайр, чї? Мурод њамсинфамон, љўраамон.
Насим – Ба ин љой омадани маро бояд ягон кас нафањмад. Ман ба ин хона руст мешавам. Зуд ўро гусел кун.
Рустам – Чаро охир?
Насим – Баъд мефањмонам.
Ба хонаи дарун медарояд. Рустам ба долон баромада њамроњи Мурод бармегардад. Дар халтачаи дасти ў хўрокворї.
Мурод – Њамааш наѓз, љўраљон. Ягон ѓам нахўр. Метавонист аз ин бадтар шавад. Аз њама асосиаш њамин, ки ту саломатї. Дил чизи  Шўхї мекардагї не. Гир, љўраљон.
Рустам – Ташаккур. Ин ташвиш чї лозим?
Мурод – Ташвиш – пашвиш не. Мо њам ба пешин хўрдан њаќ дорем. Гир. Парво накун. Њама медонанд, ки ин тўњмат буд. Гир, хунук нашавад.
 Рустам – Кињо?
Мурод – Њама. Гир, гўшти яхнї, дар буѓ пухта шуда, чўљакабоб.
Рустам – Шомилу Валї њам медонистанд?
Мурод – Ња, аниќ. Корд дар куљо? (Ба хонаи дарун рафтан мехоњад).
Рустам – Не, не, корд дар ошхона. Њозир…
Мурод – Не, ман худам.
Рустам – пас барои чї Шомилу Валї бар зидди ман маълумот дода шоњидїкарданд? Охир як ваќт дўст будем…
Мурод – Онњо аз аввал њамин хел зоти паст буданд. Ба гумонат ман бењуда ГЭС – ро партофта таксичї шудам? Баробари ту кор мекардам, вале рафтам. Чунки Шомилу Валї барин номарлњоро бинам, хун ба сарам мезад.
Рустам – Њоло дар таксабаза бо мардњо кор мекунам, гўй?
Мурод – Не, албатта. Аммо дар он љо ин хел даъвоњо њам нест.  Њама медонанд, ки андак левак њаст, тамом вассалом. На даъвои ќањрамонї мекунї, на ба ягон тўњмат гирифтор мешавї. На мисли ин сохтмон, ки як рўз худашон бардор – бардор мекунанду рўзи дигар фарор – фарор. Хулоса, љура, ман аз њамааш безор.
Рустам – Фалсафаи зўр.
Мурод – Биё,љўра ту њам таксичї шав. Ёфтани љой дар база тани ман. Дар байни мо фаъолњо, унвондорњо, дилсофњо њастанд.
Рустам – (Бо ханда). Ту љиддї мегўї?
Мурод – Мо њам табааи њукумат, љўраљон. Баъд ин, ки ба ту ана њамин хел љои беташвиш даркор. Ту бояд ѓами саломатиатро хўрї. Одаме, ки як бор дар зинањо пешпо хўрда афтид, дигар фикри болобароиро аз сараш дур мекунад.
Занги дар.
Рустам – (Бо киноя). Ташаккур. Дар кушода. Дароед.
Зиё дар даст хурмоча меояд.
Зие – Ассалому алайкум ва рањматуллоњи ва баракотї.
Мурод – Эњња, Мулло Абдулзиё бо назру ниёзашон.
Рустам – Салом, љўра. Биё.
Зиё – Шукр, ки ба саломат мебинем. Метавонис аз ин њам бадтар шавад. Дарди дил кори Шўхї не. Хайрияти ќадам…Омин. Ана ин оши бурида, нони гарм. Барои одами лоњаз давои хуб.
Рустам – Ташаккур. Хабаргирї омадни туро њељ чашмдор набудам.
Зие – Чаро? Мо аз аввал, аз њангоми дарсхонї ба шумо мењри хосса доштем, њозир њам ба ќисмати шумо бепарво нестем.
Мурод – Њатто пас аз он, ки Рустам њамчун депутат масљиди дењотро баст?
Зиё – Дар ин окр њам Рустам њаќ буданд.
Мурод – Чї хел?
Зиё – аз кирдори Мулло абдулсатторхони осї мо бехабар будем. Њазор рањмати њаќ ба Рустам, ки чашми моро кушоданд.
Рустам – Лутфи ту зиёд.
Зие – Мо аминем, ки шумо чун аз падари бузургворатон њељ гоњ ѓаризаи номатлубе њосил намегардад. Ин њодисаи аз фирќа озод шудани шумо њам натиљаи шайтанату тўњмат аст. аз ашрф то фаррош медонанд, ки агар ин њила ба дили шумо кора намекард, боз сад њиллаи дигар меёфтанд.
Рустам – (Ба хонаи дарун нигариста). Њама медонистанд?
Зиё – Њама. Ањволи шарифашон чї хел аст?
Рустам – Латиф Кўганову Насим њам медонистанд?
Мурод – Ташкилотчињояш њаминњо буданд.
Рустам – не, Магар ин аз аблањии Акрам – шавњари Мадина сар назад? Охир њамаи ин масхарабозї натиљаи бадрашкињои ў набуд? Ў медонист, ки ману Мадина дар љавонї ба њамдигар бепарво набудем, вале чї шуду чї монд, ки як рўзи саид Акрам – тўра тўй дода Мадинаро гирифт. Шояд барои он, ки ман бо ташвиши њашт хоњару додарчаам овора будаму фикри зангирї дар сарам намеѓунљид. Акрам бошад, аллакай соњиби мошин шуда буд. Аввалњо ба ягон чиз ањамият намедод аммо пас аз депутат шудани ман тез – тез  рашк мекардагї шуд. Ана, оќибат намоишкорона ба райком ариза навишта намоишкорона аз Мадина људо шуд.
Мурод – Ин њиллаи ёфтаашон. Аслан худи акрами галлу њам аз галлугии худаш ќурбони найранги насиму Латифи Кўган шуд.
Зие – Бале. Фавќуттамоми кор дигар аст.
Рустам – Пас кадом аст фавќуттамоми кор? Гўед.
Мурод – Биё, ба гузашта салавот гўем. Чї фарќ дорад акнун?
Зие – Бале, бародар. Ба шумо асабї шудан мумкин нест.
Рустам – Агар хоњед, ки то сањар ѓам маро тамом накунад, гўед.
Мурод – Хуб. Вале ту ором бош. Умуман њайронам, ки худат чаро ин хел чизњоро намефањмї. Пас чаро чор – панљ моњ ту диплом мегирї, дипломро, ки гирифтї, ба ту албатта ягон вазифа бињанд, чунки ту барин коргари баобрў, таљрибадор, ордендор кам. Ту охир њар як майда – чўйдаи сохтмонро медонї, ба ГЭС – њои дигар њам рафтї, ба заводњои трубинасозї њам, ду дафъа депутат интихоб шудї, њазору як орден дорї. Бо ин сифатњо метавонисти бемалол љои сардори участкаи сохтмонро гирї. Барои пешгирии ана њамин Латифи Кўган њиллаи Акраму Мадинаро фикр карда баровардаанд. Ту, ки акнун бо ин бањона аз партия хориљ шудї, ба ягон вазифа умед намебандї.
Рустам – Не, ин муњобот. Охир ман даъвои мансаб надорам. Хондан бошгад, пеш шароит надоштам, акнун, ки имкон пайдо шуд, армони бачагиро шикастам.
Зие – Инро ба Латифи Кўган чї хел мефањмонї?
Рустам – Латиф кўганов бо кдом асос дигар фикр мекунад?
Зие – Шумо ўро бисёр танќид мекардед.
Рустам – Танќид барои њамаи мо як чизи муќаррарї буд, охир.
Зиё – Вале њафт моњ пеш дар бюори партиявї шумо аз њад гузарондед, њамаашонро ба карахтию бепарвої ва Худхоњї гунањгор кардед.
Рустам – Рост, вале ин зикри њаќиќат буд.
Мурод – Ана њамин зикри њаќиќат балои сарат шуд.
Зиё – Гап – гап њаст, ки шуморо боз дар партия барќарор мекунанд.
Мурод – Ња, ду њафта боз дар байни мардум ин гап пањн шудааст, вале аз ин чї фоида? Барќарор мекунанду экскаватора ба дастат медињанду мегўянд, ки хар барин кор кун. Дигар ба ягон мансабча њам умед намебандї, чунки дар делаат доѓ пайдо шуд. маќсади онњо њамин буд. Биё, ба њамааш туф куну ба базаи мо гузар.
Зие – Чї, мегўї, ки таксичї шаванд?
Мурод – Ња, мо њам табааи давлати советї њастем. Њамон як ќадар инсофу њаќиќат дар базаи мо њам њаст. Ба Рустам бошад, кори тинљу бељанљол даркор.
Рустам – Рост, вале њоло аз зиндагї умедњои бисёр дорем.
Зие – Фикри моро њам шунавед, Рустамљон. Агар њазар накунед, назди мо оеду динро мустањкам кунед.
Мурод – Оё ин аз рўи одоб мешавад?
Зие – Ин айби одоб хоњад шуд.
Рустам – Нафањмидам.
Зие – Шумо њамдарси азизи мо, њоло марди Шарифу накўкор, аз бидъату шайтанат дуред, њама ќувваро ба кори фирќа бахшидед. Имрўз, ки эътиќод, дил, рўњи шуморо шикастааст, назди мо оеду имон оред. Имон мардумро аз кори шайтанат  метарсонад. Агар Латифи Кўгану Насими Сангин имон медоштанд, магар шумо – дўсту њамкори худро ба чунин рўз мерасониданд?
Рустам – вале ман њоло зиндаам.
Зиё – Мо њама афроди фонї њастем, бояд аз охират андеша кунем. Ањволи шумо худ беоќибатии кўшишњои нафсии индунёист. Шумо акнун он рРустами пешина енстед, ѓайри он, ки дилатонро шикастанданд, акнун гапи шумо чун пештара ќиммату таъсир надорад. Дигар њаќиќат љуста наметавонед. Ба замона муросокорї кардан њам аз дастатон намеояд, дигар зиндагї бароятон душвор мешавад. Бинобар ин дил аз дунёи фонї барканеду њаќиќати мавхумро як сў гузореду назди мо оед ва Шукри парвардигор ба љой оред….

Лавњаи таљдидии 2

Сухани Зие дигар шунида намешавад. Дар кадр фокус шуда дар баробари ў Рустам дар сарулибоси муллоёна пайдо мешавад ва ибодат мекунад. Њангоми саљда чизе ба Рустам халал мерасонад ва ў сари синаашро кушода, аз киссаи пиджак, ки аз болояш љома пўшидааст, билети партиявиашро мебарорад. Аз паси кадр овози нињонии Рустам шунида мешавад.
Овози Рустам – Ана ин мўъљиза. Њамсинфи собиќам Зиё он ќадар зарбањои нишонгир  мезанад, кимаѓлуб шудан душвор нест. Шояд яке  аз роњњои ба дин рўй овардани фаъолони собиќи партия дар њамин хамгаштњо бошад? Як ќадами бељову ба ин ботлоќ фурў рафтан мумкин аст.
Лавњаи таљдидї боз бо хонаи Рустам бадал мешавад. Њама дар њамон њолат. Зие беовоз сухан меронад. Акнун овози ў ба таври муќаррарї садо медињад.
Зиё – Мо хайрияти шуморо мехањем. Бо нияти нек омадаем. Не, нагўед.
Рустам – Аз ман муллои хуб намебарояд.
Зие – Муллогї шарт нест. Муњимаш ин, ки имон оваред. Њоло саросема нашавед. Шайтонро аз сар дур кунед. Дам гиред. Њар ваќте, ки андешаи солим ѓалаба кард, пеши мо оед.
Мурод – Дар хусуси таксї њам фикр кун: мошину имон ба якдигар халал намерасонанд.
Рустам – Шумо чињо мегўед, љўрањо….
Зиё – Зиёда аз ин ташвиш намедињем бањсро як тараф монеду ором шавед. Ба шумо оромї даркор. Хайрияти ќадам…. Омин. Хуш бошед.
Мурод – Хайр, љўра, ѓам нахўр, бегоњї ба сайри Боѓи Шамол мебарам.
Рустам – Хуш омадед.
 Зие – Зудтар сињатї ёбед.
Рустам – Ташаккур.
Мурод ва Зиё мераванд. Рустам ѓарќи андеша мешавад. Лавњаи таљдидии I – аз партия хориљ шудани Рустам дар хаёлаш боз такроран  падидор мешавад. Аз хонаи дарун Насим баромада долонро хабар мегирад ва дарро руст карда бармегардад.
Насим – Хайрият, ки зудтар рафтанд.
Рустам – Њамаи ин гапњо рост аст?
Насим – Э, ба ин сафсатањо бовар накун. Аљаб мардуманд инњо: худашон илм гирифтаю ба ягон мансаб соњиб шуда наметавонанд, вале агар њамсинфу њамкору дўсти худашон ба ягон амал расад, мурданивор бад мебинанд. Њамаи ин аз њасад аст. ба ман бовар кун, дўстам. Ана, бар ту исбот: ман њама ташвишњоямро партофта омадам, ки ба ту кор ёфта дињам. Интихоб кун: ду вазифаи холї – инженерии техникаи бехатарї, дуюм, диспечер. Абдулатиф Кўганбоевич дањонї фармон доданд, ки туро ба ягон вазифа дар управленияба кор нагиранд, вале ман ба хотири дўстиву њамсинфиамон аз сардор гап шунавам њам туро ба кор мегирам. Ба ту сафсатаи њамсинфњои бангиат лозим, ё таклифи конкретии ман?
Занги дар садо медињад.
Эњ бало зад! Боз касе омад. Ман боз ба ин тараф мегузарам, ту зуд мењмонатро гусел кун, ман ваќт надорам.
Насим ба хонаи дарун медарояд. Рустам ба долон мебарояд ва њамроњи Мадина бармегардад.
Рустам – Биё, Мадина. Њамааш наѓз….(Бо Оњанги Мурод – Бангї ва Зиё гап мезанад). Бишин…. Њамааш наѓз. Метавонист ан ин њам бадтар шавад.
Мадина – Боз чї чизи бадтаре шуданаш мумкин аст?
Рустам – Ба њар њол зиндаам.
Мадина – Дар ин се моњ фаќат чанд тори мўят сафед шудааст, вале ин чї Оњанги гуфтор? Ба ту чї шуд, Рустами Достон?
Рустам – Фарёд, ки пирињо забунам кардааст,
Мисли гули лола љигархунам кардааст.
Дар мўи сапеди ман зиёне набувад,
Аз Маљлиси мањвашон бурунам кардааст.
Мадина – Оташ ба замистон зи гули сурї бењ,
Як парча намад зи атласи румї бењ,
Бишнав сухане зи Луќмони њаким:
“Аз хољаи бењиммат зани лўлї бењ”.
Рустам – (Ќоматашро рост мекунад). Эњ, Мадина….
Мадина – Худатро ба даст гир. Рустам, њамин њафта дар бюрои партиявии вилоят масъаларо аз нав муњокима мекунанд.
Рустам – Чї хел? Ман ариза надодаам.
Мадина – ман ариза навиштам. Комиссияи партиявї аз рўи тафтиши пешакї аниќ кард, ки ту бегуноњї.
Рустам – Ту то ин дам дар куљо будї?
Мадина – Думоња ба Маскав хонданї рафта будам.
Рустам – Ња, ба ёдам омад.
Мадина – Чаро ту дар бюро хомўш нишаста аќалан барои њимояи ману худат кўшише њам накардї?
Рустам – Дар он љо шавњари Туву Шомилу Валї боз чанд Каси дигар њар кадами туро ба њисбо гирифта тањќир мекарданд. Барои он, ки номардњо номи туро камтар ба забон гиранд ва бо ин ту камтар њаќорат шунавї, бо онњо бањс накардаам.
Мадина – Эњ, Рустами содда. Охир ту дигар ягон роњи сиёњшавї надоштї – на ягон воситаи даромад дорї, на калоншаванда, ки аз номи ягон зердасте ба ту шикоят ташкил кунанд. Ба воситаи масъалаи ахлоќї муттањам кардан воситаи ягонаи Кўганов буд.
Рустам – Чї хел ман ба онњо исбот мекардам, ки ба назди ман њамчун корафтода ба назди депутат меомадї, на чун маъшуќа? Дар мењмонхонањои Душанбею Маскав тасодуфан вомехўрдему дар байнамон ѓайр аз саломуалейки расми ду њамдиёр, ду њамкор, ду њамсинф ягон чизи дигаре набуд?
Мадина – Ана њамин соддагии турову тезии шавњари ландањури маро Кўганов ба воситаи Насим наѓз истифода карданд.
Рустам – Ту њам ба ин гапњои кўча бовар мекунї?
Мадина – Ин  “гапи кўча” нест, њаќиќат аст. чашмонатро кушо.
Рустам – Охир ин њилла ба Кўганов чї лозим шуд? Охир љўра будем, њама корњоро ба ман бовар мекард, њамагї як њафта пеш ба комиссияи ќабул сардор карда фиристод. Насим њам љўраам, њамсинфамон, ба онњо ин њилла чї зарурат дошт?
Мадина – Ба воситаи ин комиссияњо шояд Кўганов туро дар ягон масъалаи нозук ба рўбинию порахўрї муттањам кардан мехост? Аз тарафи дигар, ба воситаи ту – депутаи Совети Олї Кўганов бисёр масъалањоро њал карда гирифт. Чунки дар он љойњо гапи ту зиёдтар мегузашт. Вале акнун Кўганов метарсад, ту љояшро мегирї. Акнун Кўганов мехоњад, ин навбат худаш депутат шавад.
Рустам – Мегуфт, ман худам аз депутатї даст мекашидам.
Мадина – Не, ин хел намешавад: ду навбат ту депутат шудї, акнун барои ту ягон далели љиддї даркор, чунки дар боло мепурсанд. Барои Кўганов бошад, ба воситаи Насим обро лой карда моњї доштан ќуллайтар аст.
Рустам – Агар  дар њаќиќат барои њамин рўзи ману туро сиёњ карда бошанд, бењтар аст ба ягон љои дигар гузарам.
Мадина  - Ба куљо?!
Рустам – (бо тамасхўр). Мурод – Бангї таклиф мекунад, ки таксї ронам, Насим мегўяд, ки инженерии техникаи бехатарї шавам. Мулло Зиёї њамсинфам бошад, имоматии љамоаи ќишлоќро пешкаш мекунад.
Мадина – Ту ба онњо чї љавоб додї?
Рустам – Њељ чиз. Њоло бояд андеша кунам. Пеш аз њама дар бораи он, ки чї тавр бо ту камтар вохўрам. Охир ба касабањо маљбурам њар рўз ба наздат оям. (Нохост). Ба ман оромї даркор.
Мадина – Њамаи ин сафсатањоро ба як тараф гузору  худатро ба даст гир. Ба онњо ана њамин лозим буд: зарур буд, ки чун вулкани хомўшшуда ором шавию бо таклифу танќидњоят сари онњоро гаран накунї. Вале ту ба ин фирефта нашав, ту бояд ба бюрои вилоятї наѓз тайёр шавї, бояд дар партия барќарор шавї, бояд мо якљои пўстини Кўганову Насим Сангиновњоро афшонем.
Аз хонаи дарун Насим мебарояд.
Насим – Рустам рост мегўяд, ба вай оромї даркор.
Мадина – Насим? Ту дар ин љої?
Насим – Ња, Рустамро ба њоли худаш гузор.
Рустам – Чаро ту баромадї? Метарсидї, ки туро ягон кас набинад.
Насим – Барои Мадина мумкин. Аз њамааш муњимаш ман ўро дар ин љо – дар хонаи ту њамроњи ту дидам. Ин маълумот ба рафти бюрои партиявии вилоят таъсири калон мерасонад.
Мадина – Ба ч ї ишора мекунї? Охир мо….
Насим – Инаш ањамият надорад. Аз њама муњимаш ин, ки мо шуморо дар ин хона танњо, якљоя дидем. Агар хоњї, ки ин сир пинњонмонаду то бюрои вилоят нарасад. Рустамро  ба њолаш гузор. Аздусар аз мо характеристика мепурсанд.
Мадина – Ана, ту чї хел дўсту чї хел одам будї?!
Рустам – Ту аз ман чї мехоњи?
Насим – Ба ин ариза имхо гузор: аз пагоњ ту инженерии техникаи бехатарї. Бо саломатии бад будани саломатиат ва мувофиќи дипломи пас аз чанд моњ мегирифтагиат ба ин кор гузаштї.
Мадина – Розї нашав, Рустам бо њамин аз ту ба осонї холас шуданї мехоњанд. Ту бояд ба љои худат баргардї.
Насим – Ба экскаватор?! Бо дили касал? Дарди ту маълум, Мадина: ту худат инженер бошї њам, бе ёрии депутат Рустам корат пеш намеравад; Каси диагр депутат шавад, шояд ба ту ёрї надињад ва комплекси спортиву мадании ту шояд умуман аз плани сохтмони шањр хориљ карда шавад ва ту аз каттагиат мемонї. Имзо гузор, Рустам, ба ин эгаист дигар гўш накун. Дар акси њол мо шањодат медињам, ки шуморо дар хонаи беодам якљоя дидем.
Лањзае хомўшї.
Рустам – Барои ман шарафи Мадина аз њама чиз боло аст. аммо ту ба ман фањмон, ки њамаи ин масхарабозї барои чї лозим буд?
Насим – Бояд њамин хел мешуд.
Мадина – Бояд Рустам сактаи дил мешуд? Бояд њамсари вай инфаркт шуда вафот мекард? Бояд бачањояш саѓира монда бепарастор мемонданд?
Насим – Инашро пешбинї карда натавонистанд.
Рустам – Пешбинии шумо чї буд? Илтимос, фањмон.
Насим – Охир ин маълум аст: худат як фикр кун – буду шуд як экскаваторчии оддї будї, мукофотпуллии бисёр гирифтї, орденњо бењисоб, ду карат депутат шудї, вакили  съезд шудї. Хайр, бас будагист? Бин, охир, да сохтмон њазору як муттахасис њаст, ки 5 сол – 10 сол љон коњонда, хонда, ду диплом гирифта дар вазифањои майдаи зањматталаб умрашонро хазон карда мегарданду садяки мукофотњои туро нагирифтанд. Аз рўи инсоф гирем, талоши љою мансаб ба онњо зеб дорад. Дањс ол дар навбати вазифа меистанд. Ту, ки ѓоибона иснтитутро тамом кардї, бе ягон гап вазифаро мегирї. Охир албатта ин ба њама сахт мерасад.
Рустам – Гап дар хусуси кадом вазифа меравад?
Насим – Љонишини сардори Управления ба наздикї ба нафаќа мебарояд.
Мадина – Ба ин вазифа ту чашм ало кардаї?
Насим – Не, кори худам наѓз: саринженер. Як номзади дигар њаст.
Рустам – Охир ним сол пеш ман ин мансабро рад карда будам. Гуфтам, ки дањ диплом гирам њам, аз экскаваторам људо намешавам.
Насим – Медонам. Вале боз як масъалаи дигар њаст….
Рустам – Гап зан, рўи рост гўй.
Насим – Наѓз медонї, ки Имсол  Абдулатиф Кўганбоевич 50 – сола мешаванд, барои њамин ба орден пешбарї кардем. Вале агар масъалаи кашол ёфтани сохтмони комплекси маданию спортї ва дачасозии он касро бардорї, ѓавѓои зиёдатї хеста он кас аз мукофот мањрум мешаванд.
Мадина – Сохтмони комплекс сар шавад, ба Кўганов фаќат фоида мерасонад, ин охир обрўи он касро зиёд мекунад.
Насим – Гап дар он, ки…. Гап …. Хулоса…. Комплекс аллакай…охта шудааст.
Мадина – Чї хел?!
Рустам – Дар хаёл?
Насим – ва њам дар коѓаз. – Дар характеристика навиштем, ки бо роњбарии Абдулатиф Кўганов як сол пеш комплекси маданияту спорт сохта шуд…. Ќасри маданият њаст, ктобхона њаст, кифоя.
Рустам – Охир ин изофанависї аст.
Мадина – Ин љиноят аст, охир.
Насим – Абдулатиф Кўганович њам одаманд, ба дуё як бор меоянд, якта орден гиранд, дунё чаппа намешавад. Ана, худи ту ду орден дорї, Рустам дањта орден дорад. Як ордени сардоратона диад наметавонед?
Мадина -  Мешунавї, Рустам? Мешунавї, вулкани хомўшшуда?
Рустам – Мефањмам.
Насим – Ба ариза имзо бикун, набошад, мо шоњиди вохўрии имрўзаи шумо шуда маълумот медињем. Њол он, ки пагоњ метавонї боз дар партия барќарор шавї.
Мадина – Розї нашав, Рустам, љои ту дар байни кори мардум аст. мо бояд асрори инњоро кушоем.
Насим – Ба Рустам дигар чунин љанљолњо лозим нестанд.
Мадина – Вай барои мо лозим, барои комплекси мданияту спорт лозим, барои ошкор кардани сирри тую Кўганов лозим, барои тантанаи адолат лозим.
Насим – Ба ин сафсатањо гўш накун, Рустам.
Мадина – Андеша бикун, Рустам. Ту ќурбони аввалину охирин нестї, агар ин дасиса бо њамин рўйпўш шавад, инњо метавонанд боз чандин каси покдилу боистеъдодро азоб  дињанд. Барои пешгирии чунин ќурбонињо ту бояд чун пештара чун вулкан хурўшї.
Насим – Саломатиатро фикр кун, Рустам.
Рустам – Як лањза сабр кунед. То њол ба ягон саволам љавоб наёфтам будам: аз чї ва кай дили ман рамид? Агар кас донад, ки мушкилї кадом асту решаи наљосат дар Куљост, њалли он осон аст. охир дар замони љанг аскарон аз тангу тўп, бомбаву самолёти душман дилкаф намешуданд, чунки душман дар рў ба рўяшон буд ва онњо бо яроќ худро муњофизат мекарданд. Вале ман, ки дар он бюро чизеро аниќ намедонистам, на худамро сафед карда тавонистам, на њимояи Мадина аз дастам омад. Акнун њамааш дар љои худ ќарор гирифт ва аљибаш ин, ки дилам њам ором шуд. акнун маълум шуд, ки бењтарин дўстони ман – тую Кўганов саркардагони ин масхаробозї будаед.
Насим – Акнун, ки њамаашро фањмидї, бояд донї, ки бо мо баробар шуда наметавонї. Барои њамин, бе љиннигї имзо гузор.
Рустам – То, ки шумо боз расвоиро давом дињед, бењатрин одамони шањрро аз сари кор дур кунед? Як ба њоли Мурод – Бангию Зиё нигар. Охир онњо њам коргари сохтмон буданд, мањз дасисањои шумо эътиќоди онњоро шикаст. Мањз бо љинояти шумо онњо аз кори фаъолона худро аќиб кашиданд. Ин хиёнат ба партия, ба халќ аст.
Мадина – Офарин, Рустам. Мебинам, ки ба худ омадї.
Насим – Вале ту инро ба  касе исбот карда наметавонї. Ту њоло моро намешиносї.
Рустам – Кўшиш мекунам, ки шинос шавем.
Насим – Мебинем, ба њар њол наѓзакак фикр кун, ба ту оромї лоим. Ман аз рўи дўстї мегўям. Агар ба фикри дуруст омадї, ба ин ариза имзо гузор. Ман то соати шаш дар идора мешавам. Дар акси њол ба инфаркт тайёрї бин.
 Бошитиоб меравад.
Мадина – Офарин, Рустам. Ту бояд исбот кунї, ки њоло намурдаї, њоло њам Рустами Достонї. Њамаш дуруст мешавад. Фаќат ором нашав. Боз як њиммат, вулкани хомўшшуда! Боз як њикмат! Агар имрўз сустї кунї, партия туро намебахшад. Боз як њиммат.
Рустам – андешамандона коѓазро мегирад ва лањзае ба он менигарад, пас коѓазро медаронад.


Рецензии