Исмоили Сомони драмаи таърихи
(Бо њамкории академик Нўъмон Неъматов таълиф шудааст)
Иштироккунандагон:
Абўиброњим Исмоил ибни Ањмади Сомонї
Наср ибни Ањмади Сомонї
Сомонхудот
Амр ибни Лайси Саффорї.
Фазл бинни Ањмади Марвазї – дабир
Муњаммад ибни Њорун – айёр, амирлашкар
Абўњафси Суѓдї
Абўшакур
Љаъфар
Ситора
Ал-Хориљї –сипањсолор
Арслон – оѓлї- сархайли ќабилаи оѓузњо
Яздон – муњофизи Амр ибни Лайс
Дар сањнањои умумї сарбозон, фидоиён, мардум.
Воќеаи солњои 874-907
ПРОЛОГ
Торикї. Мусиќии омехта бо садои боду бўрон, нолаи инсон, уллоси гургон, шодии каргасон. Дар сањна оташе падид меояд. Дар назди оташ мубади мубадон Аркак беовоз саљда мекунад. Овози муаррих садо медињад.
Овози Муаррих. Эй, дўст, бидон ва огањ бош, ки дувоздањ ќарн пеш аз ману ту дар натиљаи истилои хилофати араб мулки аљдодии тољикон тахриб гашт, халќ парокандаву њайрон, фарњанг бакуллї таназзул ёфт ва зиндагї зулмот, хунрезињои бемислу монанд воќеъ шуд. Нањзатњои Абўмуслим, Сумбоди Муѓ, Муќаннаъ ва дигарон пояњои хилофатро ба ларза оварданд, вале ќуввањо нобаробар буданду фидоиён пароканда, њазорон њазор тан ба куштан медоданд, вале суде набуду бахт аз тољикон баргашта. Ва дар ин айёми ноумедї як марди хирад, мубади мубадон Аркак иќдоми наљибе кард. Ў чун њама мењанпарастони асил ва коњини шинохтаи зардуштии накўхоњ наметавонист ба истилои мењан, азияти њамќавмон аз хории дини зардуштї осуда назар кунад, аммо роњи наљотро ў дар чизи дигар дид.
Сомонхудот. Пањнањои пањнадорро,
Мењрро мо њаме парастем,
Ки хубу осуда мењан
Бидињад ба ќавми ориён.
Бањри ёримон меомад,
Ба рањоимон меомад,
Ба пирўзимон меомад,
Ба хушбахтимон меомад.
Бошад, ки моро зи дод ў-
Мењри пањнањои пањно
Пирўзманду бас тавонгар
Параста ниёиш аздар
Комронтарин бисозад
Нерумандтарин зи домон…
Ай мењри зурбозу, ай яздони пок, ай кулли пайѓамбарон! Бубинед, ки њамкасони ман яке паи дигар кушта мешаванд, барои баќои мењан, барои баќои дини муѓон тан ба куштан медињанд, вале зафар аз мо рўй гардонида њазор андар њазор тољикон бењуда нобуд мешаванд, шањру дењоти зиёд ба коми оташ рафта бе фуќаро – бе ќиматтарин офаридаи худованд – бе одамї монда. (Саљда мекунад.) Ва аммо имрўз маро бубахш, Мењри пањнањои пањно, бубахш маро ай Зардушти пок, ки моро чораи дигар нест. Барои баќои мењан, барои баќои ќавми ориён ман, Аркак, мубади мубадони Зардуштї ба зоњир аз ту рўй гардонам ва дини ислом ќабул кунам. (Бо нола саљда мекунад.)
Инак, Рофеъ ибни Лайс Самарќандро гирифта бо лашкари араб муњориба мекунад мардона, ва аммо аз кулли арабу аљам бар зидди ў иддати зиёде равона аст ва бењуда нобуд шаванд њамкасони мо ва бењуда ба коми оташ равад шањру дењоти мо. Ва чун волии Хуросон Асад ибни Абдуллоњ аз мо иродаи нек мехоњад ва миёнчї шудан барои сулњ, ман тавонам бо ин роњ њамќавмонро аз мањви саросар наљот дињам, боре мулки парешони аљдодон муттањид кунам ва бидуни хунрезї давлати ниёгонро барќарор кунам. Агар умри ман кофї накард, ин орзуро писари ман пиёда кунад, ва агар ў њам хотима надод, писари писари ў кунад. Ва то замоне, ки ин орзу љомаи амал напўшад, на дар ин олам, на дар олами дигар ман осуда нахоњам монд!
Чунин аст иродаи Ањуро Маздо!
Чунин аст иродаи Зардушт!
Чунин аст иродаи Маздак!
Чунин аст иродаи Виштосп!
Чунин аст иродаи Чомосп!
Чунин аст иродаи Афредун!
Бо њамин изн, бо њамин эътиќод
Ман – парастандаи Ањуро Маздо –
Нек пиндорам, нек сухан гўям, некў амал кунам –
Бипарастам дини мубини исломро…
Овози Муаррих. Ва мубади мубадон видоъ кард бо оташи муќаддас ва гароид ба дини мубини ислом ва кўшид бо фарзандаш Асад барои сулњ ва наљот дод ќавми худро аз теѓи лашкари аљониб. Ва чун волиёни араб низ хилофи љанг ва куштор омаданд, бар ивази ин хидмат Аркакро мулки бостонии Балх бахшид ва Аркак наздикии Тирмиз дење бунёд кард ва номи наку гузошт бо умед -- Сомон -- сомони ќавм, сомони давлат ва худ њам ном гирифт Сомонхудот ва оѓоз кард роњи нави бузурге барои ориён. Ва Асад – фарзанди Сомонхудот ин иродаи накўро идома дод. Ва хулафои араб чањор писари ўро вилоятњо бахшид -- Самарќандро ба Нўњ, Фарѓонаро ба Ањмад, Чоч ва Истаравшанро ба Яњё, Њиротро ба Илёс. Ва бо њамин кулли Моварои Омў дар дасти аъзои як хонадони тољик гирд омад. Волии Самарќанд Нўњ маќоми аввал дошт, баъди вафоти ў бародараш Ањмад сарсилсилаи хонадон гардид ва пас аз сари ў писараш Наср волии Самарќанд ва сарсилсилаи хонадон шуд. Ва ў бародари хурди Исмоилро волии Бухоро таъин намуд. Ва Абўиброњим Исмоил бинни Ањмади Сомонї барои амалї сохтани иродаи бобои худ Сомонхудот камар баст. Ва оѓози роњ басо гарон буд…
НАМОИШИ 1.
Шаби торики зимистон. Сутунњои ќасре месўзад. Чанде ин сутунњои сўхтаро канда оташ мегиронанд ва дар рўшноиии оташ мо бараъло мебинем, ки онњо на чўб, балки устухонњои сару дасту пойи одамизоданд. Исмоили Сомонї дар тан либоси авомона меояд.
Исмоил Ку сўхтае, ки созамаш њамдами хеш?
Ё дилшудае, ки ****аш мањрами хеш?
Пас њарду ба кунљи хилвате биншинем,
Ман мотами хеш дорам, ў мотами хеш.
Дарвеши пир – Рўњи Сомонхудот меояд.
Рўњи Сомонхудот. Эй басо хаста, к-аз фалак мебинам,
Бе силоње њамеша афгор аст.
В-эй басо куштагон, ки гардунрост,
Надавад хуну кушта бисёр аст.
Исмоил. Мебинам, ки ањли фањму ањли дардї. Медонї, ки ин чї ќасрест?
Рўњи Сомонхудот. Бале, охирин нишони аљдодони мо, пораи дили ниёгони мост. Бале, ин ќаср нест, тани хастаи ниёгони мост, бахти забуни мост, ки бар њоли кунунии мо месўзад. Худовандо, авф бикун маро, ки барои бахти тољикон наметавонам коре бикунам. Њол он, ки ќадаме мондааст барои тулўи бахти тољикон ба ањди саодат, ба ањди истиќлол.
Исмоил. Магар ин имкон дорад?
Рўњи Сомонхудот. Бале.
Исмоил. Ту кистї? Дарвеш ё паямбар?
Рўњи Сомонхудот. Ман ситорашиносам ва гардиши ситорањо нишон медињад, ки имшаб охирин шаби ялдои тољикон аст. Имшаб ба як родмарди асил пайке мерасад, ки ќисмати ў ва кулли сарзаминро дигар кунад.
Исмоил. Кї бошад он марди хуштолеъ?
Рўњ. Марде аз наберагони Сомонхудот.
Исмоил. Хушбахт касест. (Ба як тараф.) Худоё, ман њам набераи Сомонхудотам ва маро имшаб пайке расад аз бародарам – ё авф кунад ё љазо дињад.
Рўњ. Бале, ќисмати мулк аз ту вобаста аст.
Исмоил. Аз ман? Бо афсонаи ширине дили дарвешро мехоњї шод бикунї?
Рўњ. Зиндагї худ афсонаи ширинест: танњо туро насиб шуд, ки ба хурдсолї амири Бухоро шавї ва танњо ту тавонистї, ки мењри тахт аз дил бадар куниву аморатро ба писарамаки хеш бахшї, ва бар ѓазаби амири кабир Наср ибни Ањмад гирифтор шавї. Ва ин афсона идома дорад ва фардо ту боз амири Бухоро шавї.
Исмоил. Ту медонї, ки ман кистам?
Рўњ. Бале, туї Абўиброњим Исмоил бинни Ањмади Сомонї. Аз ин лутфи эзидї шукр гузор ва бикўш, то дигар сањве накунї чун пешгузаштагон.
Исмоил. Маро чї мебояд, ки аз хато раста бошам?
Рўњ. Онњо ќавме парешон карданду шикамбанда шуданд ва ќурбон намуданд мулкрову ќавми ориёнро барои нафси аммораи худ ва хулафои араб. Ва њоло туро мебояд, ки ќавмњо гирд биёварї ва тарбият кунї барои вањдат ва он гањ давлат ба ту рост шавад ва бузургу поянда гардад.
Исмоил. Хаста шудам аз ошўби мухолифон, ки барои маснаду мансаб халќро дар хуни ноњаќ ѓарќа мекунанд. Ва ман нахоњам амр дињам ба куштани онон, ки њамќавмони мананд. Ва ман подшоњї нахоњам бар носипосону ташнагони хун.
Рўњ. Тољи султонї танњо туро зебанда аст ва танњо ту хушбахт гардонї худрову ќавми худро. Зеро ки танњо ту иродаи нек дорї. Зеро, ки имрўз ситорањо дар як хат рост мешаванд. Ин Ќирони Саъд аст. Ин соати бедории бахти тољикон, тулўъи офтоби бахти ориён аст. Ва танњо ту ќодирї ба ин бо пиндори худ, бо гуфтори худ, бо кирдори худ. Ба ин саодат танњо ту ќодирї.
Рўњи Сомонхудот сухангўён дар торикї ѓайб мезанад.
Исмоил. Куљо нопадид шудї, ай дарвеш? Ин хоб буд, ё бедорї? Кист ў? Дўст ё душман? Имрўз маро душман бештар аст. Боз марде меояд!
Ханљар ба даст мегирад. Фазл бинни Ањмади Марвазї меояд.
Фазл. Дуруд ба дарвешони пок.
Исмоил. Оњ, ин дўст аст: Фазл бинни Ањмад. Биёву зудтар расон пайѓоми худро ба ман ва марову ќавми маро барор ба арши аъло, ё бияфкан ба чоњи зиллату хорї.
Фазл. Шодиёна дењ, мо гузоришњо кардем назди бародарат амири кабир Наср ибни Ањмад, ки ту некї мехоњї. Бародар гуноњатро бахшид ва туро боз волии Бухоро кард. Њоло туро ба Самарќанд мехонад. Бирав ва маншур бигир ва бар саманди бахт савор шав.
Исмоил. Ташаккур, дўстам.
Фазл. Амиронро бо чокарон чунин лутф нашояд.
Исмоил. Агар чунон шавад, ин амиру ин аморат комилан дигар шавад.
Фазл. Хатое нашояд, ки бахти дубора танњо дар афсона воќеъ шавад.
Исмоил. Ман бахту тахтро дидам, пас аз ављи саодат зањри нокомиро низ чашидам. Пас, бигузор ин дурахши дубораи бахт – бахти љовиди њамќавмони ман шавад, афсонаи зебои тољикон шавад. Меравем ба Самарќанд.
Мераванд. Рўњи Сомонхудот шодона назорат мекунад.
Рўњ. Шодиёна дињед, офтоби бахти хобидаи тољикон тулўъ мекунад.
Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 2.
Бухоро. Майдони Регистон. Як тарафи роњ ба бозор мебарад, дигараш ба дарбор. Дар байн дўкони хурд. Субњидам.Абўшакур, Љаъфар
Абўшакур. Писарам, зуд пиёзро пўст кану ба оташ њезум парто.
Љаъфар (дар даст ќаламу коѓаз меояд.) Хуб дада.
Абўшакур. Эй писар, мон давоту ќаламро, ки хору зор шавї.
Ситора дар даст машки об меояд.
Ситора. Амакљон, ягон огоњие нест аз падари ман?
Абўшакур. Не, бачем. Хабаре њаст, ки дар байни Баркат ва Ромтин саркашони осиро Њусайн бинни ал-Алоъ маѓлуб карду хатари њуљуми онњо ба шањр бартараф гардид. Ќисме баргаштанд, аммо аз падари ту хабаре нест. Осуда бош, иншоаллоњ, бо пирўзї баргардад. Обро бибар.
Ситора. Ташаккур, амак (Машки обро мебарад.)
Шоири бенаво Абуњафси Суѓдї меояд.
Абўњафс. Даврон маро зи васл шодон накунад,
Љуз тарбияти раќиби нодон накунад.
Њаргиз нарасонад дили моро ба мурод,
Коре ба муроди номуродон накунад.
Абўшакур. Дод аз дасти даврону дод аз дасти туву дод аз дасти ин касб! Аз ин даврону аз ин касбу аз ин «бевисолињо»-и ту ман хонасалот хоњам шуд!
Абўњафс. Осуда бош, ки амири Бухоро боз Исмоили Сомонї шудааст. Бар њама душманон пирўз гаштааст. Ин оѓози хубест.
Абўшакур. Чї фарќе? Маро дасту поям ошу нон дињад. Чою нони ройгон бигир.
Дар гўшаи дигари кўча Исмоили Сомонї ва Фазли либоси авом пўшида.
Фазл. Амири бузургвор, дар ин либос авбоше метавонад шуморо нашинохта озоре расонад.
Исмоил. Малике, ки аз дузду авбоши мулки худ метарсад, дарвеш аст. Моро худованд барои осоиши халќи худ ба расулї баргузида. Бубинем њоли мардумро. Мехоњам донам, ки чаро дар Бухоро чењраи шодро кам мебинам.
Фазл. Ин таќозои њаёту мамот аст. Њељ ваќт њама яксара шод нахоњанд буд.
Исмоил. Ана аз ин бипурс.
Фазл (ба марди рањгузар). Бигўй, ки зиндагиат хуб аст?
Рањгузар. Бењтар аз ин нахоњад шуд. (Зуд меравад.)
Фазл. Мебинї? Њама осудаанд.
Исмоил. Дар забонаш шакар дидаму дар чашмонаш зањр.
Фазл. Хуб аз ин бипурсем. (Аз марди дигар.) Бухороро чї гуна бинї?
Рањгузари 2. Бухоро касофат аст, шубњае дар ин нест,
Будани чизи поке дар ин љо мумкин нест.
Ва гар гўї, ки ин љо амир иќомат дорад,
Ин фикри хоми касест, ки дигар моли фахр надорад.
(Меравад)
Исмоил. Хуш, ба ин чї мегўї?
Фазл. Ин байтњои пучи ќофиябоф Абутайиб аст аз хонадони Тоњириён-душмани Сомониён, ки бар ѓараз гуфтааст.
Исмоил. Вале инро бухорие мехонад. Пас, иллатест морову сиёсати моро.
Фазл. Хуб, дигаронро бипурсем.
Ситора дар даст машки об мегузарад.
Исмоил. Аз ин духтар бипурсем. Њой духтар, љуръае об дењ.
Ситора. Уф, чї рўзи нањсест, ки аз субњ танњо дарвешон дучор меоянд ва оби маро маљљонї менўшанд.
Исмоил. Андўње дорї дар чашмон.
Ситора. На, шодам, ки ба дидори шумо, дарвешони пок расидам.
Исмоил. Чаро ин касби пурзањмат ихтиёр кардї? Туро пайваста шодї бояд.
Ситора. Ту гумон набар, ки ин чанд фулуси машкобї барои худ сарф кунам: ин њам равад ба дарбори амир љињати хирољ ба таъмири бораи Бухоро.
Исмоил. Чаро харољоти таъмири девор бар души мардум аст?
Фазл. Кучиёни турк њар сол ба Бухоро њуљум карда чандин пора деворро хароб мекунанд ва агар таъмири он ба души халќ гузошта нашавад, муњофизати шањр мушкил шавад. Ин ќоида аз амирони пешин мондааст.
Ситора. Бале, амирон меоянду мераванд, вале хирољњои миёншикан боќї монад. Аз ин рў, дар Бухоро хандидани мо вољиб нест.
Исмоил. Аз ин пас барои таъмири бораи Бухоро фулусе надињед.
Ситора. Чї тавр надињем, ки туркони кўчї њар сол шањрро оташ зананд ва писарону духтаронро ба ѓуломї баранд. Шояд, ки ин навбат насиби ѓуломї марост?
Исмоил. На, Ситораи зебои замин. Осуда бош. Туро дигар касе озор нахоњад дод. Аз ин пас бораи Бухоро манам.
Ситора. Ба гумонам, шумо дарвеш нестед.
Исмоил. Дарвешам, дарвеши њаќир. Замоне, ки дар дили њамќавмони ман шодї нест, њаќиртарин дарвешам. На, Фазл, аз ин пас кор дигаргуна кунам: на ба бародарам Наср хирољ дињам, на бар халифаи араб. Аз ин пас дирњами исмоилї сикка занем, ба ќимати азим. Ту, духтарак, њоло ин дирњамро бигир, барои ќимати об.
Ситора. Дирњами мусайябї? Нуќраи тоза? Бигиред, њамаи об аз шумост. Аммо аввал бигўед, ки шумо кї њастед?
Исмоил. Ман онам, ки бояд ашк аз рухсори ту бишўям, бароят бахт оварам. Агар ин маќсуд њосил гардад, коре карда бошам, вагарна сари худ бењуда бар бод дода бошам. Хоку хун мебояд сареро, ки фидои чун ту њамќавмони мањзун нагардад.
Фазл. Меравем, малико. (Кашолакунон мебарад.)
Ситора. Имрўз офтоб дар Бухоро дурахшонтар менамояд… (Меравад.)
Исмоил. Ин чї корест?
Амиру дабир дар назди дўкони Абўшакур манзараи маѓшушро дида хомўш мемонанд: сипањсолор ва амирлашкар нишаста ќалия мехўранд, сарбозе аз дарун ронеро кашола карда мебарорад. Абушакур зорї мекунад.
Муњаммад. Сипањсолор, аз чї бошад, ки ќимати мукофотњо костааст. Айёрон норозианд.
Ал-Хориљї. Амири нав низоми сахт љорї карда. Аммо бепарво бошед, кўзаи наву оби хунук. Ё зуд ба пора одат кунонемаш ё барандозем. Ин вазифа ба ту супорем…
Муњаммад. Ба чашм. Чунон кунем, ки худ безор шавад.
Фазл. Амирам, ин сипањсолор ал-Хориљист, онаш амирлашкар Муњаммад бинни Њорун. Марди босиёсат аст, нисфи мардуми шањр тарафдори ўст.
Исмоил. Бубинем, то чї бар ояд.
Абўшакур. Биист! Ба њоли фарзандони ман рањм бикун.
Ал-Њориљї. Ин њаќи хирољ барои Бухорост.
Абўшакур. Хирољи девори Бухоро додаам, сипањсолор.
Ал-хориљї. Ба бегорї нарафтї. Ин тани хирољи ба бегорї нарафтанат.
Абўшакур. Писари калонам ба деворзанї рафта буд. Ин сарборист.
Ал-Хориљї. Кифоя! Шукр гўй, ки мо туро њимоя мекунем, вагарна кайњо кўчиёни турк турову дўкони туро хароб карда аёлу фарзандонатро ба ѓуломї мебурданд. Мо барои њимояи ту хуни љигар мерезему боке надорем, ту бошї аз як пора љигари гов ба худ мепечї. Носипос! Меравем! Ордашро њам бигир!
Исмоил (асабонї шуда). Ин бењамиятро адаб бояд дод.
Фазл. Хатар дорад, амирам. Ў шуморо нашинохта озоре расонад. Њатто агар бишносад њам, аз густохї даст барнагирад.
Исмоил. На, мо дарвешем, густохї чаро бикунем. (Ба сипањсолор.) Ай бузургвор, лањзае таваќќуф.
Ал-Хориљї. Чї мегўї, дарвеш?
Исмоил. Ситораи болои сарат медурахшад ва ин нишони он аст, ки марди боимонї ва саховатпеша.
Ал- Хориљї (розиёна). Бале. Сахї њастам. Ба дарвешон њам ихлос дорам. Њарчї фармої, ба љон иљро кунам.
Исмоил. Агар њарчї дорї ба ин дўкондори бечора бидињї, пагоњ дар њузури амир бинишинї ва мукофоти олї бигирї, ки ситорањо чунин талаб мекунанд
Ал- Хориљї. Пагоњ маро амир назди худ хондааст. Ихлосам ба ту бештар шуд, дарвеш. Бигўй, ки маро чї мукофоте дар пеш аст?
Исмоил. Ин аз дараљоти саховату бахшоиши ту вобаста бувад.
Ал-Хориљї (ба сарбоз). Баргард,боздењ ин ронро ба ин бечора.
Исмоил. Аљаб марди сахї њастї.
Ал-Хориљї. (Ба амирлашкар). Ин њамёни нуќра ба бенавоён бидењ.
Амирлашкар. Ба чашм. (Њамёнро гирифта ба бечорањо таќсим мекунад)
Ал-Хориљї (тамоман кўдаквор њайрон шуда). Аз чї донистї, ки маро амир ба ќабулаш хондааст?
Исмоил. Ин пешгўии ситорањост, ман фаќат онро мехонаму бас.
Ал- Хориљї. Ситорањо боз чї мегўянд?
Исмоил. Ситорањо гувоњї медињанд, ки ту дар шањр муридони зиёд дорї.
Ал- Хориљї. Ќариб тамоми шањр дар тањти фармони ман аст.
Исмоил – Аммо… Гўш бидор. (Гўшакї мекунад.) Муриди носипосе ният дорад ба њарамсарои ту дарояд, чун ту имрўз мастї пеш гирифтї.
Ал-Хориљї.А-а? Не! Меравам! Худи њозир меравем! Ташаккур.
Зуд равон мешавад ва роњравон даст ба рўй мекашад.
Фазл (механдад). Бобаш кардї, малико.
Исмоил. Вой бар њоли мулк бо чунин сарлашкаронаш!
Њама мераванд.
Фазл. Акнун меравем. Шояд, ки сипањсолор њушёр шуда бозпас гардад.
Исмоил. На, ў таќводор аст, ба мани дарвеш ихлос кард, дигар аз њарамаш берун наояд. Биё, аз ин дўкону мизољонаш бохабар шавем.
Фазл. Хуб. (Ба дўкони Абушакур медароянд.)
Исмоил. Њаќ дўст, ё оллоњ.
Абўшакур. Дод аз дасти фалак! Биё, дарвеш. Ту њам доди худої.
Фазл. (дуое хонда). Аз касбу корат баракат бинї.
Абўшакур. Аз њайбати ин дарвешон заъфе дар дилам падид омад. Дар пешониашон фарри эзидї мебинам. Писарам, ба ин дарвешон чою нон ва ќалия биёр.
Љаъфар. Хуб, дада.
Абўшакур. Лаклак дар њаќиќат, паррандаи боаќл аст.
Исмоил. Боаќлии лаклак дар чї зоњир мегардад?
Абўшакур. Дар он, ки њаргиз ба Бухоро намеояд. Медонад, ки аз дасти сарњангони љобир, шоирони бекафан ва дарвешони муфлис аз пару бол мањрум шавад, лаънат шунавад ва чї касбе накунад, хонасалот шавад.
Љаъфар (чою нон оварда). Дада, ќалияро ба коф кунанд, ё гоф?
Абўшакур. На бо кофу на бо гоф. Ќалияро бо гўшт кунанд.
Љаъфар. Бубахшед, тарзи навишташро пурсидам.
Исмоил. Бо коф навиштан дуруст аст.
Љаъфар. Эй писар, чанд ба ту гўям, ки аз дафтару ќаламу китобу паргор парњез бикун! Њунаре биёмўз, самбўсаву ќалияву палав пўхтан биёмўз! То барака ёбию серу пур гардї, вагарна ба азамати худо ќасам, ки туро ба мадраса бидињам, то илми мурдареги биёбон биёмўзї, олиму шоир шавї ва то зинда бошї, хору залил бошї. Бирав гўшт ќима бикун, то фоидае бинї.
Љаъфар. Тавба кардам, дада. Дигар то умре дорам, гирди хату китоб нагардам. Нав донистам, ки илм чунин касофат будааст.
Исмоил. Бењуда писарро коњиш мекунї. Илм – рушноист.
Абўшакур. Бале, рушноист, дарвеш, аммо ба соњибаш танњо хорї оварад. Валло, ки дўкони ман макони ѓизохўрии алломањои Бухорост. Аз он ки худи ман њам аз љавонй раѓбате ба илм доштаму ихлос бар фозилон. Аммо ин алломањои бекафан чї мехонанд дар дўкони ман? --
Агар ѓамро чу оташ дуд будї,
Љањон торик будї љовидона.
Дар ин гетї саросар гар бигардї,
Хирадманде наёбї шодмона.
Абўњафс (аз љои нишастааш ба сўњбат њамроњ мешавад.)
Чаро ин мардуми донову зираксору фарзона
Ба темору азоб андар, або давлат ба пайкор аст?
Агар гул корад ў садбарг, або зайтун, зи бахти ў –
Бар он зайтуну он гулбун ба њосил ганљаку хор аст.
Абўшакур. Мешунавед? Ин њама ранљу дарди ањли хирадро дида,чї гуна гузорам, ки писарам, љигарбандам ба ин љода равад. Ана, Абуњафс яке аз алломањои даврон аст. Бигўй, Абуњафс, аз моли дунё чї дорї?
Абўњафс. Њељ миќдор.
Абўшакур. Аспу шутур чї?
Абўхафс. Надорам.
Абўшакур. Хонаи бароњат, замини кишт, аёлу фарзанд…
Абўњафс. Њељ аз инњо надорам.
Абўшакур. Пас, чї лозим ба ту он илми мурдареги биёбон? Чї лозим ба ту он нури хирад? Чї лозим ба ту илму донише, ки умре дар торикии рўзгор дармонї? Чї лозим хираде, ки мўњтољи бехиради соњибдастгоње шавї? Ва њар рўзи худо таънаи чу ман љоњилеро шунавї?
Абўњафс. На, Абушакур, на чунин ба талхї талху на чунин ба шўрї шўр. Ту бехабарї аз сарвати маънавии марди илму њунар.
Абўшакур. Чї сарварест?
Абўњафс. Шикори шер гавазн асту они юз оњу,
Ва марди бохирадро илму њикмат аст шикор.
Ки марди илм ба гўр андарун намурда бувад,
Ва марди љањл абар тахт бувад мурдор.
Исмоил. Аљаб, хуш гуфтї: «Ки марди илм ба гўр андарун намурда бувад.
Ва марди љањл абар тахт бувад мурдор.»
Абўшакур. Бале, ќофияву мазмун хуб ба њам печидааст, аммо ба ту аз ин чї суд? Замоне подшањони сосонї дањони гўяндаи чунин байтњоро пур аз зевар мекарданд.
Исмоил. Ин замон низ чунин бикунанд. Ин сањар хоби рањмонї дидам: пири мањосинсафеде ба хобам даромад ва гуфт: ин зар бигир ва ба майдони шањр бирав, дар дўконе бо одамони аљиб вохўрї, ин зар нисор кун ва он љо муроди ту њосил шавад. Зарро ба остини ман гузошт. Чун бедор шудам, беихтиёр даст даруни остин кардам ва ин гавњарњо биёфтам. Инро бигир ва барои аёлу фарзандон ва дастгирии ањли илму шеър масраф бикун. Писари худро њам аз омўзишу илм бознадор.
Абўшакур. Шукри бењад, Худовандо! Бо дасти ин дарвешон маро рањондї.
Исмоил. Ту њам бигир, шоир. Олимону шоирон номбардори миллатанд, туро мебояд, ки пагоњ ба дарбори амир равї ва талаб кунї чанд дењот. Агар пурсад, ки чаро мањз дењот? Бигўй, ки аз дењоти харобшуда бидењ, ки дар саросари вилоят фаровон аст. Мехоњї ба ном соњиби дењ бошї.
Абўњафс. Ин њам ба хоб дидаї?
Исмоил. На, ин тадбирест оддї. Вале ту бирав ва бипурс. Аминам, ки бидињад ва баъд ба каромоти банда ќоил шавї. Амири нав дигар аст.
Абуњафс. Вале амири нав ба чизе ќодир нест. Амири собиќ Бухорхудот ва сипањсолор Ал-Хориљї њама иќдоми ў ботил кунанд.
Исмоил. Давлат аз Исмоил аст, лашкар аз Исмоил аст, раият њам.
Абуњафс. Аммо то њол раияту сипоњ аз фитнаи сипањсолору Бухорхудот дар андешаанд, ташаббусњои амир иљро нашавад.
Абўшакур. Ба њар оина, ту фардо бирав пеши амир. Шояд, ки чизе њосил шавад. Писарам, биё, барои дарвешон шеъре бихон.
Љаъфар. Гаштам љањон, дидам миреро,
Бар ним нон зада ду љой мисмор.
К-аз бими бухли ў ба дусад фарсанг
Гунљишк бар замин назанад минќор.
Исмоил. Аљаб мирест. Мири куљо бошад?
Љаъфар. Албатта, мири Бухорост.
Исмоил. Мири пешинаш, ё феълиаш?
Љаъфар. Чї донам? Фарќе намебинам.
Исмоил. Сухани рост аз тифлон шунав, дар њаќиќат, њама саъю кўшиши мо то ба мардум намерасад.
Фазл. Биё, равем, ки ин носипосон њаргиз нек нагўянд.
Исмоил. Камбудї морост. Чора дигар бояд кард.
Садои нолаи Ситора. Дар замбарњо љасади падар ва бародари ўро бардошта меоранд.
Ситора. Дод аз љаври фалак! Дар як рўз њам аз падар мањрум шудам, њам аз бародар! Дод!
Фазл (љасадњоро дида). Аз нишонањои либос маълум, ки писар аз тарафи дуздон размидаасту падар аз љониби лашкар. Аљаб нест, ки аз дасти њамдигар кушта шудаанд.
Исмоил. Аљаб фољиаи шадид аст. Ман ваъда додам, ки ѓам аз дили ин духтар берун кунам, аммо бо фармони ман дар љанги алайњи дуздон садњо нафар њамќавмони мо кушта шуданд ва ин бечора ба дарду ѓами абадї мубтало гардид.
Фазл.Чї илољ? Оини кулањдорї њамин аст: сиёсат ва бахшиш.
Рўњи Сомонхудот меояд, нола мекунад, дигарон њамовоз мешаванд.
Рўњи Сомонхудот. Во бародарам!
Исмоил ва њама. Во бародарам!
Рўњ. Во писарам!
Њама. Во писарам!
Рўњ. Во дардо!
Њама. Во дардо!
Рўњ. Во њасрато!
Њама. Во њасрато!
Рўњ. Ки боз тољик аз дасти тољик кушта шуд!
Њама. Ки тољик аз дасти тољик кушта шуд!
Рўњ. Мабод дигар чунин рўзи шум!
Њама. Мабод дигар чунин рўзи шум!
Исмоили Сомонї ва Рўњи Сомонхудот сўњбат мекунанд, дигарон онњоро намешунаванд.
Рўњ. Љадди ту Сомонхудот барои аз ќатли саросари лашкари аљониб амон додани њамќавмон бо хилофати араб тавонист созиш бикунад. Чаро ту натавонї, ки бо сухане дили њамкасони њамзабони худро нарм кунї?
Исмоил. Онњо њамзабонанд, вале на њамдил, даъвои мулк мекунанд.
Рўњ. Агар ба дурустї бисанљї, хоњї донист, ки онњо низ аз амале норизоянд. Ту андаке гузашт бикунї, халќи худойро наљот бахшидан тавонї. Гузашт ва бахшиш – салоњи кор ва бењтарин сифоти сиёсатмадор аст. (Ѓайб мезанад.)
Исмоил. Аз ин пас чунин сиёсат пеш гирам, ки дигар ягон њамќавми ман кушта нагардад. Бахшиш ва сулњ – ин аст пешаи ман!
Фазл. Нек бошад.
Дар ин миён Сипањсолор ва чанд сарбоз меоянд.
Ал-Хориљї. Мардум, огоњ бошед, ки душмани дерина Њусайн бинни Тоњир бо ду њазор лашкар аз Љайњун гузашта ќасди Бухоро дорад, то ки боз сулолаи Тоњириёнро барќарор кунад. Умедаш ба тарафдорони дар шањр мондааш. Аммо ба ин мо рањ надињем. Њама дар хотир доред инро! (Мераванд.)
Фазл. Зуд ба дарбор мебояд рафт. Вале бо ин лашкар чї тавр сулњ кунї?
Исмоил. Аз ин њуљум огоњї доштам. Њоло моро ду айёри бухорої кифоя аст, ки пеши хунрезии мардум гирифта шавад. Онњо њам њамзабону њаммењани моянд. Набояд дигар тољик бирезад хуни тољик. Ва набояд ин фољиа такрор шавад. Бифармой, ки ин маросимро сипоњиён анљом бидињанд.
Фазл. Ба чашм.
Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 3.
Бухоро. Дарбор. Амир ва ањли дарбор.
Ал-Хориљї. Зиндагонии малик дароз бод, Њусайн бинни Тоњир њазимат кард, њафтсад мард аз лашкари ў асир афтод. Бо асирон чї кор кунем?
Исмоил. Асиронро наку нигањ доред, љомањо њадя кунед ва бозпас фиристед, то дигар бо мо ба разм наоянд, илло ба базм.
Ал-Хориљї. Моро аз ин иќдом тарсуву заиф хонанд.
Исмоил. Дар байни мо ањли хирад, илму адаб њастанд? Нест. Бубинед, дар берун агар шоиру олиме бор мепурсад, бифармоед.
Фазл. Аллома Абўхафси Суѓдї бор мепурсад.
Исмоил. Бифармой.
Абуњафси Суѓдї медарояд ва њайрон меистад.
Фазл. Инак, шоир ва олим Абуњафси Суѓдї.
Ал-Хориљї. Туро таъзим мебояд пеши амир.
Исмоил. На. Дар назди фозилони давр набояд, ки алломањо, шоиру олим таъзиму хокбўсї кунанд. Табъи онон худодод аст ва эшон мардуми малакутиянд. Эй аллома, бигўй, аз он, ки асирони лашкари ба мо душманро љома њадя намуда бозпас ба зодгоњ фиристем, моро тарсу хонанд,ё хайр?
Абуњафс. На, малики бузургвор. Ин нишони бузургй ва хирад аст. Ва он мардон то умре доранд, дигар зидди амирам наразманд ва ин овоза шавад байни њамкасонашон ва онон низ дигар љанг накунанд бар зидди амирам.Бартарии дигари ин тадбир дар он аст, ки онон низ њамзабону њамќавмони ориёии моянд.
Њама. Офарин. Хуб гуфтї.
Исмоил. Ташаккур, ки бањси моро анљоми накў бахшидї. Бар ивази ин корат накўї бар ту кунам. Њарчї мехоњї, аз ман талаб бикун.
Абўњафс. Амирам, њама умр барои илм масраф кардам, аммо то њол сармояе надорам, аз хушињои рўзгор чизе маро нест. Мехоњам, ки дење бубахшої.
Исмоил. Магар дењи бекадхудое њаст?
Абўњафс. Берун аз бораи Бухоро дањњо дењест, ки на танњо кадхудо, балки ягон кишоварз намонда, ѓайри гургону шаѓолон махлуќе намонда.
Исмоил. Хўш, ба ин бузургон чї мегўянд.
Ал-Хориљї. Бубахшояш. Аздусар на ўро фоида бошад, на моро зарар.
Исмоил. Чаро чандин дењот чунин хароб мондааст? Чаро мардум тира аст?
Ал-Хориљї. Мардум танбал шуда гандум киштан намехоњад.
Исмоил. Ту чї гўї, шоир?
Абўњафс. Ин њама аз тохтутозњои пайињами кўчиёни турк аст, ки биноњову киштзоронро оташ мезананд. Чењраи мардум аз он тира аст, ки аз хирољњои зиёд хаста шудааст. Хирољ барои халифаи Баѓдод, хирољ барои амири Мовароуннањр, хирољ барои амири Бухоро, хирољ барои таъмири девори Бухоро, хирољ барои њар як амалдор. Ин њама зиёд аст, дуд аз димори мардум барорад ва аз кору зањмат безор кунад, аз мењан безор кунад, аз давлат безор кунад. Бењуда дар дуои ќадимаи Авастої нагуфтаанд: Ай Мењри зўрбозу, магардон моро безори дења, безори мењан. Мањол аст ин њама. Дидану тањаммул кардан.
Исмоил. Пас, хирољњо бояд бекор кард аз мардум. Ва ин кофист?
Абўњафс. Боз мебояд, ки забони модарии аљдодони мо дар њар як мактабу мадраса, дафтари корї танинандоз бошад, на забони аљнабиён. Ва боз мебояд, ки њама ифтихор кунанд аз ниёгони баруманди ориёии мо, аз волии кунунии Бухоро – Исмоили Сомонї, ки пушташ то ба ањди Сосониён мерасад ва аљдодони мо намунаи олии њунар, фарњанг, оини давлатдорї офаридаанд.
Дар ин байн Сипањсолор бо амирлашкар гўшакї мекунад.
Ал-Хориљї. Ту ба ин боварї дорї?
Муњаммад. Аниќ шуд, ки њамон аст.
Ал-Хориљї. Малики бузургвор, арзе дорам.
Исмоил. Бифармой.
Ал –Хориљї. Шахсияти ин шоир маълум шуд: ин душмани ќаттоли ислом аст, пайрави шуубия аст. Рухсат дињед, зиндонаш кунам.
Исмоил. Ин дуруст мегўяд?
Абўњафс. Кист шуубї – файласуфи мењанпараст Абдуллоњ ибни Муќаффаъ, ки мехост бани одамиро аз тарс ва мо ориёнро аз ѓуломї наљот дињад, дар дили њар кадоми мо шарафи инсонї ва ифтихори миллиро бедор кунад. Ва барои њамин аз љониби хилофат ба ќатл расонида шуд. Кист шуубї – шоири маъруф Башшор ибни Бурди Тохаристонї, ки эњёи Аљамро ситоиш мекард, оинњои ориёнро зинда мекард, кўшид, ки шеъри Аљам, илму фарњанги Аљам ба њар яки мо расад ва бо нури маърифат дар дили мо њисси озодї, шарафи инсонї боло шавад. Ва барои њамин аз љониби хилофат то ба марг расидан ќамчинкорї карда шуд. Пас, кист шуубї? – Оне, ки мењани худрову фарњанги аљдодонро дўсттар дорад аз дигарон, санги њаќири мењанро болотар гузорад аз ганљинаи љањон, дўст дорад забони модари худро, мењри ватан афрўзад дар дили њамкасон. Агар маро њам шуубии асил гўянд, худро хушбахттарин марди замона њисобам.
Ал-Хориљї. Мебинед, амирам? Ба айбаш иќрор аст. Рухсат дињед, зиндонаш кунам.
Исмоил. Истед! (Ба Абўњафс.) Аз сухани ту бўи мењани аљдодон меояд, садои Рустаму Исфандиёр меояд, садои ниёгони мо,ориён меояд. Моро шукр мебояд, ки чунин шуубиёни мењанпараст то имрўз аз теѓи араб эмин мондаанд. Таъзим кунед ба ин родмарди асил. Аз ин пас маро њам шуубї шумаред!
Њама њайрон, вале таъзим мекунанд.
Ал-Хориљї. Ин густохиро халифа набахшад.
Исмоил. Туро мансаби сазоворе дињам: аз ин пас дабири кулли шуарову фузалои Бухоро бошї. Њама шуарову донишмандонро ба дарбор биёвар ва њар кадомро мувофиќи њол ин амалњо бифармой: комилан ба забони тољикї гузаронидани коргузории расмї, ба тољикї баргардонидани мероси ниёгон, ба забони тољикї таълиф намудани асарњои нави илм ва шеъру њунар.
Абўњафс. Зињї, малико! Бо ин иќдом Ориёи ќадим бакуллї эњё шавад!
Ал-Хориљї. Аммо ин њама аз кадом њисоб воќеъ мешавад?
Исмоил. Аз њисоби хирољ ба амир Наср ва хирољ ба халифаи Баѓдод.
Ал –Хориљї. Тарсам, ки бародари шумо амир Наср ба ин розї нашавад.
Исмоил. Љињати ин њама номаи махфї навиштаам. Шумо бузургони Бухороро мебояд, ки ин нома расонед ба бародари ман бо њадяи сазовор ва иќдоми маро тарафдорї кунед. Ана, нома. Шумо ва Бухорхудот сарони њайат шавед.
Ал-Хориљї. Самъан ва тоатан.
Исмоил. Мебинам, ки мардум аз њайбати амирону сипоњ љуръат надоранд ба мо арзи худро расонданд. Аз ин пас њуљраи хоссае созед, ки аз як сўрох мардум арзи худро расонанд ва аз сўрохи дигар љавобашро ситонанд. Вале рўзњои гармову сармои шадид мо худ ба майдони бозор равему дар зери соябон арзи мардумро гўш дорем.
Сипањсолор ба амирлашкар гўшакї мекунад.
Ал-Хориљї. Ин мактубро зидди худи амир чун далел истифода кунем ва бо дасти амир Наср ба љазо гирифтор намоем. Вале ту ба њилае инро аз миёна бардор, ки нишони садоќати мо бошад. Ба амир Наср ин хуш ояд. Ту айёрї, зањру камину камону каманд дар дасти туст. Диранг макун.
Муњаммад. Ба чашм.
Исмоил. Бигузор иќдоми имрўзаи мо мењанро ба истиќлоли комил расонад.
Њама мераванд.
Фазл. Тадбири аљибе: душманонро бо дасти худ бандї кардан. Агар сипањсолор мактубро дар роњ бихонад чї шавад?
Исмоил. На. Аввало савод надорад. Дигар, битарсад аз хашми малик. Бирав, бубин, чї ѓавѓоест? (Фазл меравад. Исмоил танњо. Аз кунље Муњаммад ўро назора мекунад.) Бародарам Наср душманони маро бандї хоњад кард, аммо ба иќдоми ман розї шавад? Аммо роњи дигар нест. Ман ба Оли Сомон умри љовидона мехоњам ва ба халќи азизам саодати абад.
Муњаммад теѓ ба даст мегирад, Фазлро дида пинњон мешавад.
Фазл. Малико, боз кўчиёни турк аз девори Бухоро гузаштаанд! Чї мебояд?
Исмоил. Ман гуфтам, ки то зиндаам, девори Бухоро манам! Ваќти имтињон расид. Ба ман аспу силењу љавшан биёваред! (Мераванд.)
Муњаммад. Њайф аст, ки чунин далермард кушта шавад. Агарчи вазифаи ман ќатли ўст, мебояд, ки пањлўяш бошам. Оини љавонмардї, њамин аст.
Меравад. Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 4.
Биёбон. Набардгоњ. Исмоили Сомонї ва Арслон-оѓлї шамшер мезананд.
Исмоил. Эй ќавми туркмонанд! Аз худо шарм намедорї, ки ќасди мулки мо кардї ва ин њама месўзию оташ њамезанї?
Арслон –оѓлї. Худо ризќи моро дар дењоти ту додааст ва мо меситонем.
Исмоил. Магар он сарзамини нопайдоканор бароят кофї нест?
Арслон – оѓлї. Дар ин сањро гиёње нарўяд. Худо обу замини киштро ба шумо додаасту аспу шамшеру далеронро ба мо. (Зарбањо мезанад.)
Исмоил (зарбањоро баргардонида). На! Замоне замини мо њам беобу гиёњ буд, аљдодони мо ба фазлу ба илму ќуввати бозу об бароварда кишоварзї карданд. Вале шумо мењнатро фаромўш кардеду дуздиву торољу ќатлу ѓоратро боло гузоштаед! Мо њам далерону аспу шамшер дорем! (Зарбањо мезанад.)
Арслон-оѓлу. Ин насибаи мост ва мо њамеситонем. Нони мо дар дами шамшери мост. Шамшери мо – наљоти ќавми мост.
Исмоил. Гирем, ки озуќа насиби туст, њамќавмони ман чаро ба ѓуломї барї?
Арслон-оѓлї. Барои фурўхта пул кардан дар мамолики дигар.
Исмоил. На! Дигар нагузорам, ки њамќавмони ман ѓуломї кунанд! (Бо зарбањо ўро маѓлуб мекунад.) Худоро шукр! Бе девори азим њам кор иљро шуд!
Арслон – оѓлї. Оњ! ;амќавмони ман ба њалокат расиданд!
Исмоил. Њамќавмони ман аз ѓуломї растанд!
Арслон – о;лї. Њамхайлони ман дар мотами ман нишаста маро нафрин мекунанд ва худ аз гуруснагї њалок мешаванд. Лаънати худо бод бар ман, ки ба онњо нон бурда натавонистам.
Исмоил. Њазорон шукр, ай худованди азза ва љалл.
Арслон-оѓлї. Маро бикуш, ки њоло маро марг бењ!
Рўњи Сомонхудот пайдо мешавад, роњравон сухан мегўяд.
Рўњ. Гузашт ва бахшиш – оини кулањдорист ва баќои раият. Гузашт ва бахшиш ба душмани маѓлубгашта – баќои давлат… Гузашт ва бахшиш…
Исмоил. Гузашт ва бахшиш – њатто бар душмани ќавию ќаттол?!
Рўњ. Бале, ин баќои осоиши давлат ва раият бошад… (Ѓайб мезанад.)
Арслон-оѓлї. Маро бикуш, ки тоќати дидани марги њамќавмони худ надорам.
Исмоил. На. Туро њаёт бахшидам.
Бо каманд Арслон – оѓлиро мебандад. Турки дигаре аз ќафо мехоњад ба Исмоил зарба занад. Муњаммад фурсат ёфта ўро меафтонад.
Муњаммад. Эњтиёт шав, малико!
Исмоил. Ташаккур.
Фазл. Малико, ду њазор лашкари туркмонанд асир афтод. Бо онњо чї кунем?
Исмоил. Чандин њазор сарбози љангї бо силоњу камону каманд… Дар мулк њар сари чанде балво сар занад. Лашкари дарбор, ки аксар тољиканд, барои саркўб кардани њамќавмон диранг кунанд ва аз њарду љониб хуни тољик зиёд рехта шавад. Агар ин лашкари озмуда истифода кунем, њам кор ба зудї анљом ёбад, њам хуни тољикон аз як тараф рехта шавад. Ошўбгарони бетаљрибаи бо чўбу фалахмон мусаллањ бо ин лашкари љаррори турк баробар наоянд. Ва бо њамин мо душмани деринро дўсти љонї гардонем.
Рўњи Сомонхудот. Бале. Дўст гардонидани душмани дерин њунар аст!
Арслон-о;лй. Эй малик, толеъ аз ман баргашт. Маро сар бибур, ки марги ман осонтар бувад ба ман аз дидани марги оњистаи њамќавмони ман.
Исмоил. Дар њаќќи ту онро кунам, ки амаки ман Нўњ дар њаќќи њокими туркмонанди Исфиљоб бикард: (Корд дар даст наздаш меояд.)
Арслон-оѓлй. Ба њар уќубат бикуш, сазоворам.
Исмоил. На. (Банди дасташро мебурад.) Туро њаёт мебахшам. Зиёда аз он, њокими кулли манзилњои туркнишин таъин мекунам.
Арслон-оѓлї. Ба душмани худ озодиву мансаб мебахшї? Чаро?
Исмоил. Модоме, ки худованд «ризќи шуморо дар дасти мо додааст» мегўї, пас наљоти шумо њам дар дасти мо бошад. Ба чї роњ? – Ин ду њазор лашкари асири туро низ озодї бахшем, вале онњо дар лашкари дарбори мо бар ивази маоши хуб хизмат бикунанд ва аёлу фарзандонашон таъмин бошанд. Ту бо сарбозони дигарат бо машварати олимони мо љўйњо кофта об баровар ва ин дашти хушк сарсабз гардон, то ќавми ту шањрнишин шавад ва ин киштзору боѓот ќавми туро аз муњтољй абадї наљот бахшад.
Арслон-оѓлї. Вале гандум ба соле як бор расад. То гандум расида бошад, аз ќавми ман яке аз гуруснагї зинда намонад.
Исмоил. Роњи дигаре низ њаст: ту гўшту пўсту пашм фирист ба бозори мо ва ба ќиматаш меваю ѓалла, матову ќолин бихар. То соли дигар ин сањро бўстони хурраме шавад. Ќавми ту сарњади моро аз њуљуми ќабилањои яѓмогар нигањ дорад ва шумо њам наљот ёбед аз гуруснагї.
Арслон – оѓлї. Ин суханњо кафтаронанд дар осмони умед ва агар он кафтарон бар замин нишинанд, инљо бињиште шавад ва туро ќавми ман худо бихонад.
Исмоил. Худованд яккаву ягона аст ва ин муколама аз мењрубонии ўст.
Арслон-оѓлї. Агар иродаи ту чунин аст, дасти бародар бигир.
Исмоил. Барои бародарони мо базми дўстї биороед! (Мераванд.)
Муњаммад (танњо). Аљаб корест. Агар ин тадбир амалї шавад, дигар барои Бухоро бора зарур нашавад! Вале ман бояд ин амири одилро… ба ќатл расонам… Имрўз мувофиќ нест. Фардо бикунем.
Сањна торик мешавад.
Ќисми 2
НАМОИШИ 5
Бухоро. Майдони Регистон. Дўкони Абўшакур, ки ављу барор дорад. Ин љо њоло адибону олимон, тољирону туркманњоро мебинем. Љорчињо эълон мекунанд.
Љорчињо: Нашунидам нагўед! Надидам нагўед! Имрўз амири Бухоро Абўиброњим Исмоил бинни Ањмади Сомонї дар майдони бозор њама њољатмандонро ќабул мекунад. Њаркї арзе дорад, њаркї аз касе озоре дидааст, бемуњобот биёяд ва шахсан ба худи амир арза кунад…
Дар гўшае Абўњафси Суѓдї, Абўшакур ва Муњаммади хотирпарешон.
Абўњафс. Пас аз Анушервони Одил ин нахустин амирест, ки доди њама бечорагонро мешунавад. Зињї амири одил!
Абўшакур. Дўкони ман њам равнаќи тоза меёбад ва њоло як навъ Фарњангистону адабу улум гашта, барзгару тољирон њам зиёд шуда ,ба дўкон ављи тоза мебахшанд. Воќеан, ин дастнависро як дењќон овард.
Абўњафс. Ба забони пањлавист. (мехонад.) «Куљост он макон, ки боиси шодї ва зебоии замин гардидааст? Ањуро Маздо љавоб дод: - Ин гуна љой њамон љоест, ки одамон барои худ манзил, оташкада, аз барои њайвонот љое созанд соњиби фарзандон шаванд. Он гоњ дар макони онњо њама нозу неъмат муњайё шавад…» Ин «Авасто» -и зардуштии мост. Худам инро ба тољикї баргардонам.
Љаъфар. Амак, мехоњед шеъри наве бароятон ќироат кунам?
Абўњафс. Бихон.
Љаъфар. Њар бод, ки аз сўи Бухоро ба ман ояд,
Бо бўи гулу мушку насиму суман ояд.
Бар њар зану њар мард куљо барвазад он бод?
Гўї магар он бод њаме аз Хутан ояд.
Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад њељ,
К-он бод њаме аз бари маъшуќи ман ояд.
Абўњафс. Аљаб шеъри равону лањни хуше. Ѓазали кист?
Абўшакур. Љавоне аз кўњистони Суѓд, тахаллусаш Рўдакї.
Абўњафс. Агар ки боз пайдо шуд, ба хонаи ман биёваред. Љои ў дарбор аст.
Абўшакур. Хуб шудааст.
Дуртар дар девори иморате ду сўрох гузоштаанд. Одамон ба як сўрохї дархост медињанд, аз сўрохии дигар љавоби онро гирифта шод гашта мераванд. Муњаммад пештар меояд.
Муњаммад. Њама розиянд аз амири љавон, аммо ман ўро бояд бикушам. Аз сипањсолори собиќ тањдид расидааст, ки агар ўро накушам, маро кушанд. Чора чист? Бо худи амири љавон маслињат кунам.
Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 6.
Бухоро. Дарбор. Исмоил танњо. Сари наќшае андеша меронад.
Исмоил. Вилоят имрўз дар нашъунумўъ, њама хуррам. Агар ин конњо ба кор андозем, иќтидори давлат як бар дањ бияфзояд. Аммо боз масъалаи хирољ ба миён ояд. На, дигар ба касе хирољ надињем. Роњи мо бебозгашт бошад!
Муњаммад бинни Њорун меояд.
Муњаммад. Малики бузургвор, арзе дорам.
Исмоил. Бигўй, амирлашкар.
Муњаммад. Агар аз хунам даргузарї, росташро бигўям.
Исмоил. Гузаштам.
Муњаммад. Ман амирлашкарам, айёрам. Ин зањру теѓу камону каманд ба ман сипањсолори собиќ Ал-Хориљї додааст, ки туро ба њилате ба ќатл расонам. Њарчанд ки бо хоњиши ту ўро дар Самарќанд иљборан нигоњ медоранд, номањо навишта тањдид мекунад, ки агар туро накушам, маро кушанд. Њар гоњ, ки ба ќатли ту азм мекардам, туро дар ѓояти олињимматию љавонмардї медидам ва аз раъям бармегаштам. Ва њоло азм кардам, ки њамаро ба ту ошкор кунам, ки амирон зиёд оянду раванд, аммо чун ту амири одил дар њазор сол яке оянд.
Исмоил. Чаро мањз имрўз ошкор кардї.
Муњаммад. Ман айёрам ва њаркиро хатаре тањдидгар аст, барои наљоташ њозир бошам. Имрўз хабар ёфтам, ки бародарат амир Наср аз Самарќанд бо лашкари азиме бар зидди ту равона аст. Сипањсолор Ал-Хориљї низ бо ўст. Дар ин лањзаи њассос ѓояти љавонмардї он аст, ки бо ту бошам.
Исмоил. Ташаккур. Аз њуљуми бародарам огањам. Тадбирњо зиёданд. Агар наљоти Бухоро мехоњї, бо мо биё.
Муњаммад. Тамоми айёрон дар итоати туанд. Фармон чист?
Исмоил. Њама лашкар аз шањр бароред.
Муњаммад. Ба чашм. (меравад.)
Исмоил. Худовандо, тољиконро аз шарри тољикон нигањ дор!
Фазл меояд.
Фазл. Лашкари амири кабир Наср ба наздики Бухоро расид.
Исмоил. Меравем ба истиќболи сарнавишт.
Мераванд. Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 8
Бухоро. Дарбор. Тахт меларзад. Фазл танњо меояд.
Фазл. Боз тољу тахт меларзад. Дафъаи саввум аст, ки бародарон муњориба мекунанд. Бори саввум ќисмати тољикон байни њаёту мамот ќарор гирифта! Боз тољикон барои ду бародари њамхун дар ду сангар љой гирифтанд. Худовандо, нагузор, ки ин разм боиси мањви ќавми мо гардад! (Садои шайпур.) Инак, разм хотима ёфт. Кист ѓолиб? (Исмоили хаста меояд.) Пирўзї муборак!
Исмоил. Худованд донаду ту њам донї, ки на ман ин размро хостаму на ин пирўзиро. Мо њама маѓлубшудагонем -- ањриман, иблис ѓолиб омад, ки чандин тан аз њамќавмони мо бо дасти худи мо кушта шуданд!
Фазл. Маъзарат мехоњам, малики бузургвор.
Исмоил. Ќурбониёни њарду тарафро бо эъзози тамом ба хок супоред. Асиронро озод кунед. Бародарам Насрро ба дарбор биёваред.
Фазл. Ба чашм. (мебарояд.)
Исмоил. Худовандо, ќуввате бубахшой, ки ин њамаро ба ў фањмондан тавонам. Набарди асосї њамин аст.
Амир Насрро меоранд.
Фазл. Амири кабир Наср ибни Ањмади Сомонї.
Исмоил. Хуш омадї. Бухоро мулки туст. Бухоро пешкаш. (Таъзим мекунад.)
Наср. Тањќир аз пайи тањќир.
Исмоил. Гулоб биёваред.
Наср. Мехоњї зањр бидињї?
Исмоил. На. Дар айёми тифлї пас аз гўштї њарду баробар гулоб менўшидем, њамон њоло ба ёдам омад.
Наср. Носипос. Њоло тифлиро њам ёд дорї? Пас ба ёд ор, ки њамеша ман туро накўї мекардам! Ман туро волии Бухоро таъин кардам. Њарчанд њис мекардам, ки носипосї, њарчанд, ки медидам дар чашмони ту њирсу эътирозу нофармониро! Ва дар љавоби ин њама теѓ ба даст гирифтаї, ки сари ман барандозї?! Барои ту сарбурї осонтар аст аз итоати бародар?!
Исмоил. На, бародар, ман чунин ѓараз надорам.
Наср. Аз амри сарвари хонавода даст кашидан – ризоият ба љанг аст. Хирољ насупоридан ба ману ба халифаи Баѓдод – эъломи љанг аст!
Исмоил. На, бародар.
Наср. Бародар магўй, ки њарфи муњол аст. Бародарї аз Яъќуб ва Амр ибни Лайс биёмўз, ки додар ба ќимати љон бародарро тарафдорї мекунад. Њол он, ки Яъќуб зидди араб лашкар кашид ва аз кини ў халифа њар лањза метавонад Амру низ ба марг мањкум кунад.
Исмоил. Бале, бародарї аз онњо бояд омўхт, бародарони саффорї аз хирољ додан ба халифа саркашї мекунанд, вале ту охирин донањои љави мардумро ба вай мебахшї.
Наср. Ин ўњдадории мост, вагарна ба мо љазои азиме расад.
Исмоил. Аз кадом љазо андеша мекунї? Байни мову халифа Саффорињо меистанд бо лашкари бузург ва онон њам мухолифи халифаанд, истиќлол мехоњанд.
Наср. Саффорињо амирзода нестанд, мулкро ба љанг гирифтаанд ва аз оќибати кори худ боке надоранд.
Исмоил. Бародар, биё аз онон омўзем иттињоду дастгирии њамдигарро. Мо њама вилоятњои Моварои Ому дар даст дорем, аммо бародарони мо муттањиду ягона нестанд. Ба љои тифоќию њамдастї моли охирини њамќавмонро ситонида ба халифа медињем. Ин љабр аст, хатои нобахшиданист.
Наср. Ќисмати мардуми мо чунин пасту залил будааст. Чора нест.
Исмоил. На, халќи мо дар хираду заковат аз касе кам нест, сазовори ѓуломї њам нест. Айб дар мост, ки осоиши шахсии худро аз саодати халќ боло гузорем ва мо амирони миллат, њамќавмони худро бо дасти худ ѓуломи аљониб гардонем.
Наср. Алњаќ, ѓуломї хуб нест, аммо ту озодиро чї тавр таъмин кардан метавонї?
Исмоил. Хеле оддї: ту сарсилсилаи хонадонї, њокими Самарќандї, бародаронамон Абўюсуфу Яъќуб њокими Чочу Истаравшан, Абулашъаси Асад дар Фарѓона, ман њокими Бухоро, амакамон Илёс њокими Њирот аст. Агар мо яке шавем ва хирољ ба халифа надињем ва онро барои ривољи мулк дињему давлати ягона шавем, њељ касе бо мо баробар наояд. Имрўз сари ваќт аст, фардо дер шавад.
Наср. Фањмидам, ту њокими тамоми Мовароуннањр шудан мехоњї!
Исмоил. На, нафањмидї.
Наср. Ту аз тифлї њарис будї ва њоло барои ќонеъ кардани њисси њукмравоии худ њама ќавмро зери по кардї, шарафи волидони моро зери по кардї, фарзанди падарро хорузор кардї. Дигар на рўи чунин диёр хоњам, на рўи чунин давлат ва на рўи чунин бародар! Ба маќсуд расидї. Акнун маро бикуш ва соњиб шав ба тахти кулли Мовароуннањр!
Исмоил. На. Њокими Мовароуннањр ту њастї. Ту маро зўран аз Бухоро мањрум кардї, ман туро ба тахти Мовароуннањр шинонам. Бигир тахтро. Фаќат ба ман имкон бидењ, ки ин мулки пароканда яке кунем. Бахт ба ту мехоњам.
Наср. Ман худ њокими Самарќанд будам ва сарсилсилаи хонадон, амири кулл.
Исмоил. Вале дар ин њукумати ту њар як њоким дар амал мустаќил аст, ба фармони ту нест, ба фармони халифа аст, бо сари худ аст. Ман хоњони онам, ки саросари мулки ниёгонро муттањид созем ва давлати ягонае бошем.
Ин орзуи кулли ниёгон буд, орзуи падари мо Ањмад, бобоямон Асад, бобоямон Сомонхудот, кулли ориён буд. Ба тахт нишин ва ба ман имкон дењ, ки њамроњ ин орзуро дар амал љорї кунем.
Бародарро ба тахт менишонад. Шайпур менавозанд.
Наср. Дигар шубњае намонд. Агар таманнои ту ин аст, дасти бародар бигир, ки ман њам умре дар пайи њамин орзу будам. (Даст медињанд.)
Исмоил. Њазорон шукр яздони покро, ки дуои моро мустаљоб гардонд.
Наср. Аммо бо халифа талошњои хунин дар пеш меояд: макру њиял, сўиќадњо…
Исмоил. Чун мо, бародарон, бо њам мувофиќ омадем, аз њазорон душмани дигар бок нест.
Њамдигарро оѓўш мекунанд. Рўњи Сомонхудот омада шод мегардад.
Рўњи Сомонхудот. Худоро шукр. Чун бародарон якдил шаванд, корњо рост шаванд, вањдату иттињод, истиќлоли комил ба даст ояд!
Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 8
Бухоро. Ќасри амир. Исмоили Сомонї ва дабири кабир Фазл.
Исмоил. Боз ду вилояти мулкњои собиќи аљдодон ба мо њамроњ шуданд, то мулки Њафтрўд кўчиёни турк дар мувофиќат бо моянд, киштзорон дар баракату конњои тиллову нуќра пурфайз.
Фазл. Ин имкон медињад, ки имсол хирољи халифаро бидињем.
Исмоил. Пас аз шањодати амири кабир Наср чанд сол аст, ки ба халифаи Баѓдод хирољ насупоридаем. Имсол њам насупорем.
Фазл. Њар сол бањонањо пеш меовардем, ки хушксолї шуд, Саффориён пеши роњи хилофатро гирифта корвонро ѓорат мекунанд. Њоло њаво хубу рањи корвон кушода. Бояд хирољ бифиристем, ки аз ѓазаби хилофат раста бошем.
Исмоил (бо савдои худ банд). Мо давлати комиле шавем ва барои идораи ин давлати азим созмони ягон дањ девон зарур аст: девони вазир, девони муставфї, девони Амид-ул-мулк, соњиб-уш-шарт, соњиб-ул-барид, мўњтасиб, мушриф, девони мулкњои давлатї, ќозї, девони ваќф. Ва ин њамаро дар як майдон, дар иморатњои алоњида љой дињем ва он гоњ њама кор баробар ављ гирад ва давлати абарќудрате бо фарњангу илми олишон зуњур кунад. Аммо агар хирољ ба халифа дињем, ин њама бо чї эъмор кунем?
Фазл. Шояд замоне ин имконпазир шавад, аммо њоло хирољ мебояд дод.
Исмоил. Хирољ-он зари тобишнок чист? – Хуни дили мардум, ашки ятимон, оњи бевазанон, зањмати шабонарўзаи мардони тољик. Ва чаро њама бояд ба Баѓдод равад? То ки мо боифтихор худро амир хонем? На. Њокими асил роњат њамроњи фуќарои худ бикунад! Ин хизона барои эњёи мењан масраф кунем, чун дили мардум бедор шуд, касе дубора ўро ѓулом карда натавонад. Лашкари Саффорињо дар байни мову хилофат истода нагузорад, ки аз халифаи Баѓдод ба мо осебе расад.
Фазл. Ба маншури халифа чї гўї?
Исмоил. Ин маншур њамеша дар мадди назари ман аст. (Мактубро гирифта мехонад.) «Салавот бар амир Исмоил ибни Ањмади Сомонї. Аз ин пас туро амири кулли Мовароуннањру Хуросон таъин мекунам. Ту бар зидди Амир ибни Лайси Саффорї лашкар бикаш ва мулкро аз дасти ў берун бикун. Ту њаќтарї иморати Хуросону Ироќро, ки вай солњо дар дасти падарони ту будаасту Саффориён онро ба таѓаллуб гирифтаанд. Шак накунам, ки эзидтаъоло туро бар Амир ибни Лайс нусрат дињад. Ва бад-он манигар, ки туро лашкару иддат камтар аст ва бад-он нигар, ки эзид мегўяд: «кам мин фиатин ќалилатин ѓалабат фиатан ќосиратан биизниллоњи вааллоњу маассобирина». Яъне, ки худованди њаќ ту бошї, сифатњои ту писандида аст ва ризои ман дар ќафои туст “То њол дар андешаам, ки ин чї маншурест? Мукофот, ё љазо?”
Фазл. Њамин маълум аст, ки халифа пуштибони мост. Бинобар ин хирољ мебояд дод ва бо ў мувофиќат бояд кард.
Исмоил. Халифа мехоњад Оли Сомонро бо Саффориён љанг андохта бо дасти худ ду давлати њамзабонро сусту заиф кунад, сипас ба осонї њардуро шикаст дињад. Ва медонад, ки лашкари Саффориён аз мо дањ карат афзунтар аст ва моро ба марги рўёрўй мефиристад. Чора дигар аст. Моро бо Саффориён сулњу музокира мебояд.
Фазл. Нек бошад.
Амирлашкар Муњаммад ибни Њорун меояд.
Муњаммад. Зиндагонии малик дароз бод. Аз Амр ибни Лайс хабари нохуш расид: Вай бо лашкару иддати бешумор равона аст ба сўи Бухоро.
Исмоил. Сабаб чист?
Муњаммад. Мувофиќи хабарњои мўътамад халифа Амруро њукмрони Мовароуннањр таъин намуда аз Моварои Ому дур кардани Сомониёнро хоњиш кардааст.
Исмоил. Мебинї, Фазл, сиёсат чигуна медоранд?
Фазл. Худоё, ин беаќлист.
Исмоил. Хавфи ман њамин буд. Вале гумон надоштам, ки Амр ибни Лайс ин ќадар осон ба иѓво меафтад. Лашкари ў беш аз 70 њазор нафар бошад?
Муњаммад. Бале.
Исмоил. Филњои љангиву иддати зиёде бо ўст. Танњо матбахи ўро чањорсад шутур кашонанд. Лашкари мо аз дањ њазор беш нест. Аксар рикоби чўбин доранду аз дањ тан яке сипар, аз њар бист тан яке љавшан.
Муњаммад. Бале.
Исмоил. Аммо ба њар оина, моро аз љанг гурез нест. Дар ин набард ё номи халќи худ љовид созем, ё дар масири таърих гумном шавем. Модоме, ки Амру ба роњ баромадааст, мо низ бо лашкари андаке сабук аз дарё гузарем ва ба њадди Хуросон расем. Тадбире ба сарам омад. Маро дањ айёри Бухорої мебояд.
Муњаммад. Айёрон дар хизмати шумоянд.
Исмоил. Њоло ба майдони Регистон равем.
Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 9
Бухоро. Майдони Регистон. Толор гўё майдон асту нишастагон фуќарои шањр. Амир Исмоили Сомонї сухан мегўяд.
Исмоил. Ай бузургони ќавм! Ай мардуми некдил! Ман бо авни худованди азза ва љалл ва бо кўмаки шумо кўшидем, ки давлати озоду ободе барпо кунем. Чанд сол аст, ки мо озодему саодатманд. Њама њис кардем, ки меваи озодї тавњид асту мазаи ширин дорад. Аммо аз сарнавишт љои гурез нест. Инак, Амру омадааст то Мовароуннањр аз нав мутеъ кунад, одамонро ба ќатл расонад, молу мулкро ба ѓорат барад, занону кўдаконро ѓулом гардонад. Магар мову шумо ба ин имкон медињем?
Овозњо. Њаргиз!
Исмоил. Аз ин пас њама хироље, ки пеш ба халифа дода мешуд, ба тањияи лашкар масраф кунем. Аммо њоло озодии мо дар дасти шумост. Ва имрўз њаркї њамияте дорад, њар ањлу ноањл, ашрофу авом, дењќону пешавар, ки ба мењани худ дил додааст, њарки барояш модар азиз аст, бо мо биёяд. Бо мо њамроњ шавад њарки барояш марг бењ аз асорат аст.
Овозњо. Мо мењани озод мехоњем!
Марг бењ аз асорат!
Марг бењ аз асорат!
Марг бењ аз асорат!
Шеваи аспу садои ќадамзании лашкар. Садоњои хоси набардгоњ.
Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 10
Дашти васеъ дар байни Бухорою Марв. Дар гўшае хаймаи Амр ибни Лайси Саффорї. Амр, муњофизи ў Яздон ва чанде сарњангон меоянд. Дар байни онњо Муњаммади таѓйири ќиёфакарда низ њаст.
Амр. Ин фављи чист ва чї мехоњад?
Муњаммад. Ин фављи ањлу ноањлу чулоњаи Моварои Омуст, ки бо Исмоили Сомонї мехоњад пеши лашкари зафарёри моро бигирад.
Амр. Ё валло! Исмоил куљову љанги ў бо мо куљо? Талоши парвона бо шамъ, мўр бо офтоб, гурба бо шер?! Магар намедонад, ки мо ќудрат дорем њатто худи халифаи Баѓдодро маѓлуб кунем? Ва мулки Хуросон халифа моро ба он бахшидааст, ки лутфе кунему Баѓдодро ба таѓаллуб нагирем! Бухоро худ ба гарди аспони лашкари мо тасхир шавад!
Муњаммад. Ё бузургвор, аз рўи шунидам, Исмоилро ният љанг набуда дар талаби сулњ аст. Шояд пешорўи мо бањри њамин омадааст, то ки созиш кунад ва ањди бародариву якдилї бандад.
Амр. Ин афсонаест барои тифлон: дар як мулк ду малик наѓунљад. Моварои Ому халифа маро бахшидааст ва ман онро бо шамшер бигирам!
Муњаммад. Шамшератон бурро бошад, љалолатмаобо!
Њама. Шамшератон бурро бошад, љалолатмаобо!
Амр. Имрўз роњат бикунед. Аз матбахи ман ба њама сарбозон таоми фаровон муњайё кунед. Шабонгањ бо як зарба кори инњо тамом кунем.
Яздон. Ба чашм.
Ѓайри Яздон ва Муњаммад њама мераванд.
Амр. Ба мо шаробу ќалия биёр.
Яздон. Ба чашм. (меравад.)
Амр. Худи Исмоилро чї гуна дидаї?
Муњаммад. Болобаланду хушсурат, ќавипайкару корозмуда, ба сони айёрону озодмардон, фурўтану бетакаллуф.
Амр. Дар кадом набардњо дастболо шуда?
Муњаммад. Дар њама набардњо дастболо шуда. Ва шўњраташ аз он аст, ки бузургњимматї кардаасту њама асиронро озодї бахшидааст. Боре асирони моро низ озодї бахшида бо тўњфањо бозпас ба мењан фиристодааст.
Амр. Кўдаке беш нест ва кори мардон надонад.
Яздон шаробу ќалия меорад.
Яздон. Марњамат, амири бузургвор.
Амр. Бифармой базми тараб барпо кунанд. Ин љанг бозие беш нахоњад буд.
Яздон. Ба чашм. (Меравад.)
Муњаммад ба шароб доруи мадњушкунанда меандозад ва медињад.
Муњаммад. Лутф кунед, амири бузургвор.
Амр. Ин кўдаконро сабаќ дињем аз кори мардон. (Менўшад.) Бидонанд, ки Амр ибни Лайс ва бо ў њарба кардан чист? (Боз менўшад.) Шабонгањ шабохун занем ва … Худоё, ба ман чї шуд? Танам нољунбону хоболуд мешавад. Ин чист? Зањр аст?! Ммм…
Муњаммад. Натарс, зањр нест, доруи хоб аст, бозии кўдакони Бухорост.
Амр. Ту кистї? (Бо азобе ба даст ханљар мегирад.)
Муњаммад. Сарвари айёрони Бухоро.
Амр. Хиёнат… Лашкарро огоњ кунед… (Ханљар дар даст шах мешавад.)
Муњаммад. Хомўш, амирам. (Ханљарро мисли бозича мегирад.) Дар бозии мо ин ќудрате надорад. Партояш. Лашкарат њам тамом шуд. Осуда бихоб. (Дањонашро баста ба сутуни хайма занљирбанд мекунад.)
Амр. Њамааш… аз даст… рафт… (Афтида нољунбон мешавад.)
Муњаммад. Бидуни шубњае! Њоло тифлони Бухоро ба ту бозии мардона намоиш бидињанд. Истеъмо фармоед! Аввало байраќи ин хайма дигар кунем, то ишорат шавад ба ављи бозии мо.
Байраќро дигар мекунад. Яздон меояд.
Яздон. Ин чї корест?
Муњаммад. Бозист. Бозии тифлони Бухоро. (Бо зарбае ўро меафтонад.)
Яздон. Худоё…
Муњаммад ба дањони ў шароб рехта мебарояд.
Садои таблу шайпур. Вале садои шамшер кам аст.
Зуд савти осоишро менавозанд. Садои хандаю шодї.
Сањна оњиста-оњиста торик шуда, шом мерасад.
Яздон ва Амр ба худ меоянд. Яздон атрофро хабар гирифта бармегардад.
Амр. Маълум корест, Бомдод амир будаму шомгоњ асир. Чї рўзи шум, ќисмати нањс! Лаънат ба ин рўз! Лаънат ба ин сарнавишт!
Яздон бармегардад.
Яздон. Амири бузургвор, туї магар?
Амр. Бале, манам, амири тирарўзгорам. Бомдод аз њама моли олам бениёз будаму бо канизони дилкаш њамоѓўш ва бо ѓуломони хушсурат дўш ба дўш, лашкари тавоно дар хизмат, нисфи олам ба фармонам. Вале њоло чї шуд? Куљоянд лашкариён? Куљоянд хизматгузорон?
Яздон. Мо шикаст хўрдаем. Вале ќариб касе аз лашкариёни мо кушта нашудаанд, бо шароб аз пой афтодаанд. Њама озоданд. Танњо туро асир мехонанд.
Амр. Аљаб аст ин. Вале ман њоло хўсае беш нестам. Чї сиррест, ки њафтод њазор лашкар бо филњои љангї ба дањ њазор фављи авому љулоња баробар наомад?
Яздон. Айёрони тољик кор додаанд, њамаро бесилоњ гардониданд, ба шароб дору андохтаанд, дигар надонистам.
Амр. Худованд аз мо рўй гардонида. Дигар чора нест. Касе, ки њавои љоњ кард, оќибат ба чоњ афтод.
Яздон. Амирам, банда солњо дар фармони ту будам, аз хони ту луќмањои лазиз хўрдам ва мењрубонї дидаам. Њољате дорї, бигўй.
Амр. Ту бо ман бош имшаб, ки бас танњоям.
Яздон. Ба чашм. Амирам, то одам зинда бошад, аз ќут чора нест. Биравам, тадбири чизи хўрданї бикунам, ки аз субњ чизе ба дањон нагирифтаї.
Амр. Нек бошад. (Яздон меравад.) Худоё, ягон бандаро чунин гирифтор макун.
Яздон бармегардад.
Яздон. Як ман гўшт ба даст овардам, аз лашкариёни сомонї тобае ба орият гирифтам, ќадре саргин чидаму кулўхњо ба њам барнињодам, то ќалияе хушк кунам. Њо, ана, бубин. Њоло ба талаби намаку нон равам.
Амр. Лутфи ту зиёд аст.
Яздон. Худованд мењрубон аст. (Меравад.)
Амр. Худоё, ќути ман бо саргини аспони сањро тайёр мешавад дар тобаи ориятии сарбозони бекафан, шоње, ки нисфи хазинањои олам дар дасти ўст, ба орият гўшту намак гадої мекунад. Чї аљзї!? Чї сарнавиште!? Чї љазое!? Эњ, ин чї њоле? (Ба тарафе, ки Яздон тобаро ишора карда буд, мутаваљљењ мешавад. Механдад. Садои нолиши саг баланд мешавад. Механдад.) Худоё! Бечора саг, дањонаш сўхт.
Нолиши саги дуршудаистода. Хандаи Амр баландтар мешавад. Яздон меояд.
Яздон. Чї шуд, амирам?
Амр. Њангоме, ки ту ба талаби намак рафтї, саге биёмад ба тоба сар дароварду устухоне бардошт. Дањонаш сўхту сабук сар бардошт, ки њалќаи тоба бар гарданаш афтод. Аз сўзиши тобаи тафсон љонњавла гурехт ва тоба дар гардан бурд.
Яздон. Афсўс, ки бенигоњубин мондам.
Амр. Хости худованд якест ва кўшиши банда суде накунад. Оќибати кори ман њамин аст, ки насибаи ман тамом шудааст.
Исмоили Сомонї, Муњаммад ва чанд сарбоз меоянд.
Муњаммад. Чї ѓавѓоест ин љо?
Амр. Бубинеду ибрат гиред: ман он мардам, ки њамин бомдод амири мулки бекарони Хуросон будаму танњо матбахи маро чањорсад шутур мекашонд. Ва њоло шабонгањ асирам ва матбахи маро саге бардоштааст ва њамебарад. Ин кори худованди азза ва љалл аст, ки дар як рўз амири кабирро асири њаќир гардонад.
Исмоил. Ба амири кабир аз матбахи мо таъоми шоиста биёред. (Сарбозе таъзимкунон меравад.) Ин њама аз ношукрии ту нест, ки бо ин њама давлату сарват боз ќасди Мовароуннањр кардї?
Амр. Ман фармони халифаро иљро кардам. Инак, он маншур.
Исмоил. Чї фармонест?
Амр. Ў маро амирии кулли Мовароуннањру Хуросон бахшидааст.
Исмоил. Инак, маншури дигари халифа, ки аморати Хуросону Мовароуннањрро ба ман додааст.
Амр. Аљаб аст ин. Ба чї хотир? Њарчанд, ки бародарам Яъќуб алайњи халифа исён дошт, ман дар тањти фармони халифа будам.
Исмоил. Неру гирифтани ду давлати соњибистиќлоли ориёї-Саффориёну Сомониён – оѓози инќирози хилофати Баѓдод буд, дар љанги байнихудї заиф гаштани мо – баќои салтанати Баѓдод. Ва ин кор ба халифа даст дод.
Амр. Равшан шуд њоло, аммо афсўс, ки маѓлубам. Њоло сари маро бигир, ки тоќати ѓуломї надорам. Сипас оташ зан ва ба хун ѓарќа кун Хуросони маро, ба хок афкан шањри бахти сохтаи маро.
Исмоил. Бахт чист? – Неъмати илоњие, ки тавассути хирад ва мењнат ба даст ояд ва пас аз фанои фард низ баќо монед. Аммо шањри сохтаи ту магар шањри бахт буд? дар шањри ту њукмфармой буд теѓу шамшер, ќатлу куштор, макру њиял, њирси зару мол, сокинонаш бахти худро дар њирси зару гирдоварии зару мол, иззатталабии зўракї, шањвату фисќу фасод ва ѓулом кардани њамсояи хеш мебинанд, шањри ту дар пояи љањолат сохта шудааст. Бахти асил дар шањрест, ки бо пояи фазилат сохта шавад: шањре, ки дар он сутуда шавад илму фарњанг, ахлоќи накў, шафќат, шарафи инсонї; њар як фард мањкум кунад дурўѓ, ќатлу ѓорат, макру њиял, ситам, тарс, њирси мол, беадолатиро ва њамеша барои шодии њамдигар бикўшанд. Шањри сохтаи ман – шањри фазилат аст ва мо бикўшем барои бахти кулли мамолики њамљавор. Ва Хуросони бузург як њиссаи мулки аљдодони мост, хонаи бародарони њамхуну њамзабони мост ва мо њаргиз нагузорем, ки бародар хуни бародар резад. Ѓарази ман он аст, ки бо хуросониён то умре дорем, яктану якмаром, њамнафасу њамроњ бошем ва ту низ амон бошї ва бо мо бошї. Эй сарони лашкар, ба Амри Лайси Саффорї њељ зараре нарасонед, аз банд озод кунед ва эњтиромашро ба љо оваред.
Њама. Ба чашм.
Амр. Ташаккур, ки ба ман панде додї. Аммо халифа ќатли маро хоњад.
Исмоил. Ман љони туро аз халифа хоњам. Агар тамоми зари хазинаро хоњад, хунбањои ту бидињам.
Амр. Ташаккур. Ту соњиби ду мулки бузург шудї, аммо туро хазинаву истењзор кам аст. Ману бародарам ганљњои зиёдро дар чандин чой пинњон кардаем. Ин калид ва нусхаи дафинањост. Бигир, то ќавї шавї, олату иддат бисозї.
Исмоил (наќшаро аз дасти ў гирифта бо тааљљуб менигарад). Ин наќшаи дафинањои зари туст?
Амр. Бале, њамон аст.
Исмоил (бармегардонад.) Аз иттифоќ шумо мулкро ба таѓаллуб гирифтед. Вале падари шумо саффор буд, яъне мисгар буд, ин њама зар аз куљо ба шумо расид?
Амр. Насиби мо буд.
Исмоил. На, шумо ин њама зару динор ба тазаллум ситадед ва он њама—бањои ресмони гандапирон, моли ѓарибону ятимону заифон аст. Ва љавоби ин фардо пеши худованд бояд бидињї. Вале њоло мехоњї, ки ин мазламаро ба гардани ман бор кунї, то фардо дар ќиёмат гўї, ки њарчї ситадам, ба Исмоил додам, аз ў талаб кунед? Њамин аст зиракии ту? Чизе аз ту ба ман лозим нест.
Амр. Њалолат бод ин мулку аморат ва ин дину диёнат, ки марди асилї. Вале ганљњо барои оростани силоњу лашкар ба ту зарур аст.
Исмоил. Ќудрати мо дар адолат ва якдилист. Агар мо бо њам мувофиќ бошем, ягон душман бар мо музаффар нагардад!
Амр. Нек гуфтї.
Исмоил. Бародари ман Амр ибни Лайсро бо эъзози тамом ба боргоњ баред. Барои ањди бародарии Мовароуннањру Хуросон базми дўстї ороед!
Њама. Ба чашм.
Мусиќї. Базми хосса бо оинњои хоси љашни Наврўз.
Сањна торик мешавад.
НАМОИШИ 11
Бухоро. Дарбор. Исмоили Сомонї ва Абўњафси Суѓдї.
Исмоил (хаставу ранљур аст). Бигўй, шоир, маводи бахт дар мулки мо кофист? Чаро аз кўшишњои мо суде нест? Ту худ хушбахтї?
Абўњафс. Бале.
Исмоил. Ањли фарњанг борикназаранд. Чизе аз онњо пинњон намонад. Бигўй, ки аз чї онон ќаноатманданд?
Абўњафс. Аз он, ки мењани мо комилан озод аст, комилан соњибистиќлол аст, њама бо забони модарї сабаќ мегиранду гуфтор мекунанду эљод, мулк осоиштаву кори кишоварзону пешоварон дар ављ, илму адабу саное дар тараќќист.
Исмоил. Пас, чаро шикоят кам намешавад? (Мактубе медињад.) Наход, ки барои ањли фазл имрўз нуќтаи интиќодї намондааст?
Абўњафс. Њисси ноќаноатмандї аз он аст, ки раъйи неки амирам то ба халќ рафта намерасад, як идда амалдорон ѓаризаи нопоки худро аз манофеи давлат боло мегузоранд, барои андаке хидмати расмии худ, ки барояш ўњдадоранд, ришва мегиранд ва њоли корафтодагон хароб мекунанд. Ва афсўс, ки лаънати он ба дарбор ояд.
Исмоил. Пас ин нома дуруст аст?
Абўњафс. Шикоят аз бародарзодагони малик аст.
Исмоил. Пас, хешовандон халоиќро азоб медињанд ва ба дарбор лаънат меоранд ва ман бояд љавоби ин њамаро дињам?
Абўњафс. Бале.
Исмоил. Аз он рўзе, ки аморати мулк дар дасти ман аст, рўзе осуда набудам, доди њамаро додам, бо њазорон душмани кўчаку азим талош кардам, њоло имкон дорам, ки бо ањли байт, бародарзодагону њамќавмон сари кор гирам. Аз он замоне, ки дабири кабир Фазл ибни Ањмади Марвазї аз олам даргузашт, дар баъзе кори худ дармондаам. Ту чї маслињате медињї?
Абўњафс. Аз рўзгори Анўшервони Одил ќиссае ёдам омад: боре писари Анўшервон шутурњои тољиреро ба яѓмо бурд. Чун Анўшервони Одил огањ шуд, чанд рўз бо модари писараш маслињат карда, ўро розї намуда фармуд, ки дасти писар бибуранд ва ба тољир нишон дода узрњо бихост ва дањ баробари он зару мол бахшид. Ин љазо бар њамагон ибрате шуд ва њама барои адл кўшиданд.
Исмоил. Мо низ чунин кунем ва дасти бародарзодагон аз раёсат кўтањ кунем, нагузорем, ки аз мо касе домангир бошад ва рўзи санљиш моро ёвару њимоятгар шаванд.
Абўњафс. Нек бошад.
Исмоил. Минбаъд ба мансабу вазифа танњо ашхоси соњибњунару донишманд, сиёсатшиносу фарњангдўстро тавсия кунед. Донистани забони тољикї, шариат, таъриху оинњои суннатї њатмист.
Абўњафс. Нек бошад.
Муњаммад бинни Њоруни захмин меояд.
Муњаммад. Дуруд, малики бузургвор.
Исмоил. Салом, дўсти дерин. Чї хабаре аз Гарљистону Њирот?
Муњаммад. Бубахшой, амирам, хабари нохуш… Дар Толиќону Маймана, Њироту Ѓўр ва Гарљистон гурўње бо бањонаи мазњаби навботиниёну хориљиён ошўб кардаанд… Сарварашон Абўбилоли хориљист.
Исмоил. Онњо чї мехоњанд?
Муњаммад. Гўё даъвои мазњаб мекунанд, аммо маќсадашон мансаб ва давлат аст. Ќисме аз њокимон бо онњо пайвастаанд ва дар амал ба ќатлу куштори мардуми бегуноњ машѓуланд…
Исмоил. Онњо чї миќдоранд?
Муњаммад. Сарваронашон кам аст, аммо њокимон шубону кишоварзонро наздики 10 њазор нафар гирд овардаанд… Маъзарат мехоњам… (Ќувва ўро торафт тарк мекунад.) Рухсат бидењ, малики бузургвор… Хастаам.
Исмоил. Хуб. Аммо бигўй, ки чора чист? Ман аз аввал ќасам хўрдаам, ки њама низоъ ба хушї њал кунам. Роњи муросо дар кадом аст?
Муњаммад. Яќин аст, ки онњо… давлат мехоњанд. Маро бубахш… (Меафтад.)
Исмоил (рўи даст мегирад.) Ба ту чї шуд, дўсти дерин? Ин чї захмест?
Муњаммад. Ин захми… теѓи… ошўбгарон аст. Чун фањмиданд, ки маќсади мо сулњу салоњ аст, маро захми корї заданд. Лашкар низ инони ихтиёр аз даст дода теѓњо аз наём баркашиданд. Маро бубахш.
Исмоил. Не, не! Табибонро биёваред!
Абуњафс. Ба чашм. (Мебарояд.)
Муњаммад. Алвидоъ, амири одил. (Мемирад.)
Исмоил. Ин чї кори манњусе?! Ман аз аввал њама ошўбњоро ба хушї њаллу фасл кардам, ба њама мансабхоњ мансабњо ба хушї додам, туркони ѓоратгари кўчиро сарзамин бахшидаму ба ободї расонидам, њатто Амри Лайси боњашаматро бо лашкари тавонояш ба хушї тасхир намудам, њамаро ба худ дўст гардонидам. Вале ин чї ќавми носипосест? Чї њисси норавои њукмравоист?! Чї савдои хоме бо сарнавишти миллат?! Чї хешони душманмизољ?! Чї худхоњї?! Чї хонасўзї!? Пешаи пайѓамбарон – наљоти уммат бошад, аммо ин чї умматкушист?!
Шамъ дар даст Сомонхудот, Наср, Фазл меоянд.
Сомонхудот. Во писарам!
Наср. Во бародарам!
Фазл. Во дўстам!
Сомонхудот. Во њасрато!
Њама. Во њасрато!
Сомонхудот. Во дардо!
Њама. Во дардо!
Сомонхудот. Ки боз як тољик аз дасти тољик кушта шуд.
Њама. Ки боз як тољик аз дасти тољик кушта шуд.
Сомонхудот. Дод аз рўзе, ки тољик бар сари тољик теѓ бардошт.
Њама. Дод аз он рўзе, ки тољик бар сари тољик теѓ бардошт!
Сомонхудот. Мабод дигар чунин рўзи шум!
Њама. Мабод дигар чунин рўзи шум!
Исмоил. Маро бубахшед, ай бузургон! Ман кафили њар як фуќарои мулкам, аммо натавонистам, ки пеши ин фољиа бигирам. Маро авф кунед.
Сомонхудот. Њар захме, ки бар тани тољике зананд, аввал ба синаи мо расад, тешае бар решаи тамаддуни миллат шавад. Марги њар як тољик – оѓози марги миллат аст. Ва то замоне, ки ин айби худкушї боќист, мо дар гўри худ осуда нахуспем.
Исмоил. Ман намехоњам амр бар куштани ошўбгарон дињам, зеро ки онон њама тољиканд, аммо чї кунам, ки онњо ба таѓаллуб вилоятњо бигиранд ва хуни фуќаро, хуни њаммилатони худ бирезанд? Маро чора чист!?
Сомонхудот. Ту бо нури хирад сулњу салоњ ба даст овардї ва мулки парешони аљдодон як намудї, бо хирад дилу дидаи халоиќ бедор кардї, бо хирад хирасарони мансабхоњу ошўбгарро ризо кардї. Пас, боз њам нури хирад барафрўз, ва њамќавмонро биёмўз пиндори неку гуфтори неку кирдори нек, гирд биёвар хирадмандону худафрўзонро, то ки бо нури хирад, бо оташи дили худ њамаро нуру зиё бахшанд ва азмњо дурусту сайъњо комил кунанд.
Сомонхудот ба ў шамъ медињад.
Фазл ба ў китоб медињад.
Наср аз дасташ гирифта пеши халќ меорад.
Наср. Дил шод дор, ай бародар, ки ту дар роњи њаќї.
Сомонхудот. Офарин, Исмоили Сомонї! Давлате, ки созмонашро мо шурўъ кардем, ту анљом додї. Давлати офаридаи ту номи тољикон ва рўњи тољиконро то абад зиндаву поянда медорад.
Наср. Ай бародарон, мењани худро дўст доред, чуноне, ки Исмоили Сомонї дўст медошт! Барои мењан бикўшед, чуноне, ки Исмоили Сомонї кўшид! Барои бахти њаммењанон талошњо кунед, чуноне, ки Исмоили Сомонї талошњо бикард!
Исмоили Сомонї дар як даст шамъ, дар дасти дигараш китоб дар байн ќарор мегирад. Дар ду тарафи ў ќањрамонони дигар меистанд.
Мусиќї.
Овози муаррих. Ќабои хусравї дар бар наёяд њар касеро хуш,
Сари њар носазоеро назебад тољи султонї.
Салоњи мулк агар хоњї, биёмўз ай шањи олам
Тариќи подшоњиро зи Исмоили Сомонї.
Ай дўст, шод бош, ки мо ворисони давлати офаридаи Исмоили Сомонием! Ай дўст! Шод бош, ки мо меваи орзуњои Исмоили Сомонием! Ва эй дўст! Бикўшем ба пиндори неку гуфтори неку кирдори нек, то сазовори номи Исмоили Сомонї бошем!
ПАРДА.
Соли 1998
Свидетельство о публикации №223032800199